Issuu on Google+

Њуќуќи майит, ё ќарори ботили Шўрои уламо

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

1

САЊИФАИ 8 №2 (384). Чоршанбе, 2-юми апрели соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

Чаро мехоњанд, ки ЊНИТ ќатъи фаъолият кунад ва номашро таѓйир дињад?

БА ЉОИ ТАЪЗИЯ

''Ман барои СРУ, Ѓафуров барои КГБ…'' САЊИФАИ 13

ЗАВЌ ДАР ШИМОЛ

Занбури нар дар Хуљанд САЊИФАИ 4

Шонси Кабирї АНДЕШАИ МИЛЛЇ

Њаќиќат ва озодї САЊИФАИ 7

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Нашунидам нагўед: Тањсил бепул, муолиља бепул! САЊИФАИ 16

"ЛИМИТ"-И БОВАРЇ Чаро њукумат бояд мардумро эњтиром кунад?


2

САРНАВИШТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

- Устоди марњум њам дар як љаласаи нањзат ибрози назар карданд, ки шояд фурсати таѓйири номи њизб шудааст , вале чун ин масъала борњо мавриди бањси тарафњо шуда буд ва яке аз талаботи Созишномаи сулњ њам њаст, хуб мешавад, ки назари тарафи дигар њам гирифта шавад. Чанд ваќт баъд, Устод гуфтанд, ки сўњбатњое дар ин мавзўъ кардаанд, мушаххас нагуфтанд бо кї, вале назари дўстон дар њукумат ин аст, ки дигар зарурати таѓйири ном нест. Баръакс, будани њизби сиёсї бо номи исломї ба нафъи давлату миллат аст, чун ягона далели демократї будани кишвар ва рушди гуногунандешии сиёсиву динї њамин номи шумо мебошад. Ин фишурдаи назари раиси ЊНИТ ба суњбатњои моњи августи соли 2013 дар мавриди таѓйири номи ЊНИТ буд. Аммо дирўз, ки "Нигоњ" бо Муњиддин Кабирї тамос гирифт, мавсуф аз шарњи матлаби "фабрика" худдорї кард. Ва агар боз ба суњбати ќаблии раиси ЊНИТ баргардем, ў гуфта буд, ки таѓйири ном кори дохилии њизбу аъзояш аст ва њељ кас њаќќи тањмили андешаи худро бар сари њизб надорад...

Шонси таърихї барои Кабирї Чаро мехоњанд, ки ЊНИТ ќатъи фаъолият кунад ва номашро таѓйир дињад? Њукумати феълї барои ЊНИТ ояндаи дигареро пешбинї мекунад. "Фабрикаи љавоб" матлабе нашр кард, ки дар он на фаќат таѓйири ном, балки бастани њизбро низ маслињат медињанд: "Агар нањзатињо ба ин ќарор худашон биёянд ва боз ба шароити кунунї худро тайёр ва айёр кунанд, яќин аст армони халќу њукуматро хоњанд баровард" - омадааст дар матлабе, ки тибќи маъмул, тариќи имейл ба расонањо дастрас шудааст. Муаллиф, ки худро корманди маркази тањлилии "Бозтоб" муаррифї мекунад (Раљаби Мирзо, рањбари ин марказ ба "Нигоњ" гуфт, ки "Бозтоб" бармањал баста шудааст), аз суњбати Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ бо хабаргузории "Форс" хулоса карда, мегўяд, агар изњороти ў оид ба ќатъи фаъолияти ЊНИТ "пиари навбатї" набошад, "пас метавон бо сароњати калом таъкид намуд, ки (нањзатињо) ба умќи воќеияти имрўза ва вањдати миллї расидаанд". "Фабрикаи љавоб", ки се сол ба ин сў назарњои расмии њукумати Тољикистонро бо усули хоса баён мекунад, 5 "хайр"ро дар амри таѓйири ном ва ќатъи фаъолияти ЊНИТ мебинад: 1) "њиммати аъзои ЊНИТ рўйи намоиш меояд ва дар мазњари оми љомеа дарк мешавад, ки љанбаи миллигароёнаи њизб аз љанбаи динияташ боло мебошад"; 2) "мусулмонии аъзои њизбро бо ин тарз њељ кас намегирад ва он коста намегардад";

«

3) "ЊНИТ бори дигар (!) рисолати мењанпарастиашро дар ќиболи ин миллат иљро мекунад"; 4) "номивазкунї коре нест, ки барои ЊНИТ чизи тоза бошад, баръакс солњои 70-уми асри 20-ум бо номи "Уламои исломї", "Мањфили Муњаммадљони Њиндустонї" ва ѓайра арзи вуљуд карда буд"; 5) "рисолати хориљї дар њифзи манфиати миллї аст". Ин хулосањо агар дар њаќиќат пешбинии сарнавишти ЊНИТ аз сўи њукумат бошанд, дар матлаб ин ваъда њам шудааст, ки "агар ќатъи фаъолияти Њизби нањзати исломии Тољикистон дар ќаламрави Тољикистон сурат бигирад, тарњи њамкорињои наву созанда рўйи кор хоњад омад". Агар ба ишорањои пинњони ин матлаб ("бори дигар", "ќатъи фаъолият...дар дохили Тољикистон", "њамкорињои наву созанда" ва ѓайра) амиќ назар кунем ва иддањоро самимї пиндорем (агар фанд ё фиреби сиёсї набошад), мебинем, ки њукумат наќши ЊНИТ - ро дар тањкими њукумати кунунї эътироф мекунад (Созишномаи сулњи соли 1997) ва рўйрост "дасти дўстї" дароз мекунад. Барои тањкими пешнињоди худ масъули "фабрика" менависад: "…дар минтаќа ЊНИТ дар ин самт (таѓйири ном ва ќатъи фаъолият - "Нигоњ") навгом нест. Таърихи њаракатњои исломгарои минтаќа, аз ќабили Туркия нишон медињад, ки ањзоби исломии он кишвар бо номњои "Адолат ва таракќиёт", "Нурчилар", "Рифоњ"-у

Аслан раванди иљрои барнома дар дойираи "протоколи 32 - 20" бармало мекунад, ки њукумат ба њадафњои бидуни тафсири худ даст ёфта, нуфузи ЊНИТ пурќудраттарин њизби мухолифи њукумати Эмомалї Рањмонро коњиш дод ва љойгоњи он дар "дилу дидањо"ро тангу камранг намуд.

«

"Фазилат" чанд дафъа таѓйири ном кардаанд. Ва аз ин кишварашон бурд хоњад кард…" Аммо нависандаи матлаб Муњиддин Кабириро ба он интиќод мекунад, ки ин андешањояшро "аз тариќи матбуоти даврии ватанї нею, тавассути воситањои ахбори мустаќили Эрон ба ќатъи ЊНИТ масъалагузорї кардааст... Ин шонси таърихиро Кабирї бояд дарк мекард, дар рўзномаи "Љумњурият" ва дилхоњ њафтаномаи дигар дайни шањрвандии худро адо мекард, нураналонур мешуд".

"Кори дохилї" Пешнињодњои "зањматкашон" дар бораи ќатъи фаъолият ва ё њазфи калимаи "ислом" аз номи ЊНИТ аз соли гузашта оѓоз шуда буданд. Як ќатор рўњониён моњи августи соли 2013 дар мулоќот бо Президенти Тољикистон ин пешнињодро ироа карда буданд. Муњиддин Кабирї он замон ба расонањо гуфта буд, ки масъалаи номи њизб пас аз имзои Созишномаи сулњ борњо матрањ шуда ва боре њам марњум Сайид Абдуллоњи Нурї дар Шўрои сиёсї гуфтааст, ки аз њукумат таѓйири номи њизбро талаб кардааст, зеро бархе кишварњои минтаќа бо ин ном розї нестанд ва метавонанд сари Тољикистон фишор оранд. Аммо он замон ба ЊНИТ посух додаанд, ки бояд тибќи Сарќонун ва Созишномаи сулњ рафтор шавад ва гапи рањбарони кишварњои њамсоя набояд меъёр бошад: - Тољикистон давлати мустаќил аст ва набояд сиёсатмадорони мо доим бо насињатњои дигарон кор кунанд. Хулоса, оё фишори њамсояњо љо дошт ё не, нањзат аз рўйи принсип номро њифз кард, зеро он маънои ќабул кардани фишори бегонањоро дошт. Кабирї меафзояд, ки ин масъала дар дохили њизб борњо бањс шуд ва худи ў шахсан он замон тарафдори таѓйири ном буд:

Ваќт расид? Аммо њоло, ки "фабрика" - минбари ѓайрирасмии баёни бархе мавќењо дар Њукумати Тољикистон аз таѓйири ном ва њатто ќатъи фаъолияти ЊНИТ дасту панља гарм мекунад, мешавад гуфт, ки нињоят ин њизбро водор ва ё маљбур хоњанд кард? Аслан раванди иљрои барнома дар дойираи "протоколи 32 - 20" бармало мекунад, ки њукумат ба њадафњои бидуни тафсири худ даст ёфта, нуфузи ЊНИТ - пурќудраттарин њизби мухолифи њукумати Эмомалї Рањмонро коњиш дод ва љойгоњи он дар "дилу дидањо"-ро тангу камранг намуд. Нуќтаи ављи ин барнома интихоботи президентии Тољикистон дар моњи ноябри соли 2013 буд, ки номзади ЊНИТ њатто ба сабќат роњ наёфт. Номзади ягонаи иттињоди ањзоби мухолиф, ки бино ба воќебинињои ќаблї, бояд Рањматулло Зоиров, раиси ЊСДТ мешуд, мањз бо кўшишњои пайгиронаи њукумат ва хости рањбарони ЊНИТ пазируфта нашуд. Ин њол охирин умедворињои мухолифини ашаддии њукуматро барњам зад ва љомиа њам батамом аз короии мухолифин дасту дил шуст. Коршиносон ин аќидаро њам гуфтанд, ки ЊНИТ садди роњи мухолифини дунявї шуда, ба як омили боздоранди рушди равандњои сиёсї дар Тољикистон табдил ёфтааст. Аз ин хотир, пешнињоди "фабрикаи љавоб", бидуни шак, баёнгари на фаќат дидгоњњои њукумат, балки орзуи пинњонии нерўњои сиёсии мухталиф ва њатто аљаб нест, ки худи рањбарони ЊНИТ бошад. Ба ќатъи фаъолият ва ё таѓйири номи ЊНИТ љомиа омода ва муњити сиёсї фароњам шудааст. Хилофи интизорињо, "фабрикаи љавоб" замони задани зарбаро дуруст ташхис кардааст... Аммо аз "дасти дўстї" ба ЊНИТ сихњои тези фанди сиёсї пеш меоянд, ё самимият ба ватану давлатдории миллї, суоли ваќт хоњад буд. Фаромарзи ФОЗИЛ


СИЁСАТИ ДАЊОНИ БАСТА Ё дигар моро то њамин сатњ эњтиром намекунанд, ки "Барќи тољик" дигар лозим намешуморад, њадди аќалл, дурўѓеро дар ин бора рост кунанд, ё дар ин ширкат нафрати мардумро ба Президент бештар кардан мехоњанд?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

3

"Лимит"-и боварї Чаро њукумат бояд мардумро эњтиром кунад?

Рўзе, ки Президент ва вазири энергетика дар Кобул изњорот медоданд, ки Тољикистон љонибдори таъмин шудани Афѓонистон бо барќ аст, аксари мардуми Тољикистон бебарќ монд. Лимити ќариб шашмоњае, ки нав гўё барњам хўрда буд, дубора ва баъди Наврўз љорї шуд. Зуд овоза пањн шуд, ки барќ ба Афѓонистон дода мешавад... На Њукумат, на Вазорат, на "Барќи тољик", њадди аќалл барои эњтимром ба хал он тараф истад, лоаќал мизољаш лозим надонистанд, сабабњои якбора то ба 2-3 соат дар як шабонарўз мањдуд шудани барќро шарњ дињанд. Ё дигар моро то њамин сатњ эњтиром намекунанд, ки "Барќи тољик" дигар лозим намешуморад, њадди аќалл, дурўѓеро дар ин бора рост кунанд, ё дар ин ширкат нафрати мардумро ба Президент бештар кардан мехоњанд?

Барќ ба Афѓонистон меравад? Дар пайи сафари расмии Президент Эмомалї Рањмон ба Кобул 26-уми марти соли љорї, барќ дар хонањои мардум якбора мањдуд шуд. Дар бисёр навоњии Суѓду Хатлон, Навоњии тобеи марказ, ки аз 3-юми март лимити неруи барќ барњам хўрда, ё хеле сабук шуда буд, Шабакањои барќ таъминотро ба ањолї якбора (дар баъзе навоњї то 2-3 соат дар як шабонарўз) мањдуд карданд. То ин њад мањдуд шудани барќ дар зимистон набуд. Дар пойтахт, Шабакањои барќи ноњияњои Сино ва Исмоили Сомонї њам дар ин рўзњо барќро то 10-12 соат хомўш карданд. Дар дењот њол�� њам мардум барќи доимї надоранд. Дар навоњии Хатлон, дар як шабонарўз 5-6 соат, (3 соат сањарї, 3 соат шомгоњї) барќ дода мешавад. Дар Суѓд њам ањвол чунин аст. Масалан, дар Масчоњ, њамагї 5 соат барќ медињанд, мегўянд сокинон. Дар ноњияи Рўдакї њам. Дар Кўлобу Данѓараву Рашт њам мардуми дењот барќ надоранд. Баъди Наврўз то ин њадд шадид шудани лимитро ду-се соли ахир мардум дар ёд надорад. Ва аљиб нест, ки њоло овоза пањн шудааст: "Эмомалї Рањмон барќро ба Афѓонистон мефурўшад... (Сензура - Ф.Р.)". Бахусус баъди изњороти Эмомалї Рањмон дар Кобул, ки Тољикистон љонибдорри пурра таъмин шудани Афѓонистон бо барќ мебошад. Тобистонњо, бино бар итилои расмї беш аз 10 фоизи барќи истењсоли кишвар ба Афѓонистони њамсоя интиќол мешавад. Ба ин мардум бовар намекунад ва "Барќи тољик" борњо изњорот додааст, ки барќро дар зимистон ба Афѓонистон хеле кам интиќол медињад ва он њам барои аз дуз-

дони метал эмин доштани хатњои интиќоли барќ. Аммо ба "Барќи тољик", ки маълум шуд ќарзи ањолиро се маротиба бештар нишон дода, пули мардумро ба яѓмо мебарад, кї ба ин бовар мекунад? Ба овоза бовар кардан осонтар аст.

Овоза њаќиќат дошта метавонад? "То шамол нашавад, шоњи дарахт намељунбад". Мантиќан, ин овоза метавонад воќеият дошта бошад. Яъне воќеан шояд интиќоли барќро ба Афѓонистон зиёд карда бошанд. Аммо дар ин бора чизе намегўянд. Њатто дар њоле, ки барќ ба мардуми дохил намерасад? Аз њукумат тасмимњоеро аз ин бемантиќтар њам дидааст ин мардум. Аз сўйи дигар, масалан зиёд кардани интиќоли барќ ба кишвари њамсоя метавонист љониби Тољикистонро дар ин сафари расмї, боз ба ќавли мардум "забондароз" кунад. Шояд ин овоза њам мисли њар овозаи дигар, барои мисол дар бораи заминларзаи 10-балла дар соли 2009, ки ќариб тамоми кишвар як шаби зимистонро бар берун рўз кард, беасос, аммо њадафмандона бошад. Аммо њоло гап дар бораи њадафу пањнкунандагони он нест. Масъала ин аст, ки чаро дар ин бора чизе намегўянд? Оё хомўшии "Барќи тољик"-у Вазорати энергетика ва за-

хирањои об боз як беэњтиромї нисбати мардуми Тољикистон аст? Ё дар Норак садамае рух додааст? Ё оби Норак боз кам шудааст? Мардум шояд кайњо дигар бемањал хомўш шудани барќро беэњтиромї намењисобад, балки як меъёр - норма аст дар мо. Аммо дар ин бора муттањамона хомўш шиштан чї маънї дорад? "Барќи тољик" бояд њамон лањза, балки пештар аз ин мањдудият тариќи тамоми расонањо ва шабакањои радиоиву телевизионии давлатї, ки аз њисоби мардум кор мекунанд, эълон мекард. Иттилоъ гирифтан њам яке аз њуќуќи муќаддаси мардуми Тољикистон аст ва касе њаќ надорад ин њуќуќро поймол кунад. Вазифаи аввалиндараљаи хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захирањои об, Ширкат "Барќи тољик" ин аст, ки мардумро огоњ кунанд. Танњо бо њамин роњ метавон аз овозањое, ки роњбарияти мамлакатро беобрў ва шарманда мекунад, нафрати халќро нисбат ба њукумат (дар мо фаќат нисбат ба Президент - Ф.Р.) меафзояд, пешгирї кард. Албатта, агар дар Ширкати "Барќи тољик" чунин хоњишро дошта бошанд.

Аз пайи Ёдгорї... Инак як њафта мешавад, Нозирљон Ёдгорї, сухангўи "Барќи тољик" ба зангњои телефонї посух намедињад. Аз афти кор, дар "Барќи тољик" (Ширкати "љинояткор"-е,

РАЊЊОИ АЗ ПРОСТАТИТИ ШАДИД ВА АДЕНОМА! КРАСНЫЙ КОРЕНЬ номи мардумии растании камёфтест, ки дар баландкўњњо мерўяд. Корхонаи илмї - тадќиќотии Руссия "красний корен"-ро дар шакли ќатра(обї) коркард намудааст. Сабаб он аст, ки намуди обии "красный корен" аз таблетка (аз љињати таъсирот) 3-4 маротиб афзалиятноктар аст. -ба бењшавии гардиши хун, кушодаву рафъ шудани ќарорањо дар ѓадуди простата, эњёи фаъолнокии љинсии мардона мусоидат мекунад. -кўмаки пурзўр мерасонад: ба пурра холї шудани пешобдон; кам намудани зуди пешобкунї ва барќароршавии фаъолияти љинсии мардон. Њангоми харидории "красный корен" -аз дорухонањо, дар рўи ќуттї ва даруни он њатман бояд навишти "живые витамины" дида шавад, зеро њамин намуди мањсулот дар таркибаш спирт ва ќанд надорад. Тарзи истеъмол: рўзе 2 бор ба таги забон 15-20 чакра давоми 1моњ. шакли барориш; шишача 50мл нархи фурўш 24 сомонї

ки бино ба иттилои Агентии мубориза бо фасод милионњо сомониро фурў бурда, нисбати чандин нафар дар ин ширкат парвандањои љиної оѓоз шуда, дар њоли барњамхўрист - Ф.Р.) бар инанд, ки мо бояд бо мактуби расмї мурољиат кунем ва як моњ посухи онро интизор шавем? Дар суњбати телефонї сухангўи Вазорати энергетика ва захирањои об Бањром Самадов, дар бораи њаљми барќи интиќолї ба Афѓонистон гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад ва баъди аттестатсия кўшиш мекунад иттилоъ љамъоварї намояд ва ба мо пешнињод кунад. Ана ин аст муносибат ба матбуот, ба васоити ахбори омма, ба мардуми Тољикистон. Ин тањќири ќонун аст, тањири мардум аст.

?-и боб Барои чї? Барои чї раиси Ширкати "Барќи тољик" ... ва вазири энергетика ва захирањои об... мардумро тањќир мекунанд? Чаро раиси "Барќи тољик", бигзор дурўѓ њам бошад, сабаби љорї шудани лимити бањориро шарњ намедињад? Чаро вазири нави энергетика чунин масъулиятро њис намекунад? Ин љанонбон то њамин њад ба фарњанги тањаммулпазирии мардум, ки дар 20 сол боре натавонист назди дари коргоњи онњо љамъ шаванд ва пурсанд, ки: "Чаро мо барќ надорем?", "Чаро пули моро медуздед?", "Шумо кистед?", эътимод доранд. Инњо дигар медонанд, ки мо дар мо ќобилияти андеша кушта шудааст. Ба мо "шукрона" мезебад. Мо дар тарсу њаросем, аз инњо ва њатто аз нозири барќ, як пулчинакаш њам метарсем, ваќте дари хонаи бебарќи моро мекўбад. Чаро ва киро бояд эњтиром кунанд? Ва нињоят. Танњо барќ лимит надорад, эътимоди мардум - ба ширкат, вазорат, њукумат ва нињоят президент њам лимит дорад. Бубинед, ки аз ин лимитро кї ба вуљуд меорад! Фаридун РАЊНАВАРД


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

ТАХТАИ СИЁЊ

Занбўри нар дар Хуљанд Ё фурўшгоње бо номи "Гунањкор" Рањбарони аввали шањри Хуљанду вилояти Суѓд њамарўза аз бари ин муассисањо мегузаранд, вале аз худ аксуаламале нишон намедињанд. Чаро? Наздик ба 25 сол мешавад, ки Ќонуни забон ќабул гардида, татбиќ мешавад. Ин ки забони коргузорї дар чї њол асту ќоидањои сарфу нањв то чї андоза риоя мешаванд, мавриди гап нест. Халќе, ки тўли 70 сол бо вуљуди саводи комили забонї надоштанаш, ба маќомоти гуногун бо забони русию ўзбекї бо алифбои лотиниву кириллї номањо менавишт ва ин дар торих як падидаи фавќулода нодир ба шумор меравад, ки якбора коргузориро бо забони тољикї ба роњ монданд. Лињозо, ваќт мехоњад, то халќ ба тољикї навиштанро ёд бигирад. Вале Ќонуни забон моддањое дорад, ки татбиќи он ваќт талаб намекунад. Яке аз он моддаи 18 "Номгузории ташкилотњо" мебошад, ки дар он омада: "1. Номгузории маќомоти њокимияти давлатї, вазорату идорањо, инчунин ташкилотњои дигар, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї, ба забони давлатї сурат мегирад. 2. Њамаи лавњаю овезањо дар Љумњурии Тољикистон ба забони давлатї навишта мешаванд". Дар шањри Хуљанд теъдоди зиёди муассисањои иљтимоие, аз ќабили дармонгоњу бемористон, маѓозаву дўконњо, мењмонхонањо њастанд, ки номњои булъаљабона доранд ва маънии онњо шояд ба соњибонашону рањбарияти шањр мафњум бошанд, вале барои аксар ноошноянд. Дар мањаллаи 12-и шањр маркази тиббие њаст бо номи "Яъсуб". Дар "Фарњанги забони тољикї" зикр шуда, ки яъсуб, вожаи арабї буда, маънояш занбўри нар, подшоњи занбўри асал" аст. Занбури нарро бо муассисаи тиббї чї нисбатест? Хостем ин розро аз соњибони маркази мазкур дарёбем. Вале соњибон дар истироњат карор доштанду посбони муассиса, ки собиќ ронанда будааст, сабаби чунин номгузориро шарњ дод: "Дар замонњои пеш Яъсуб ном табибе будааст". Вале кўшишњои мо барои пайдо кардани чунин ном дар китобњои ба мо дастрас бенатиља анљом ёфтанд. Њарчанд ќазоват кори мо нест, суоле бармеояд, ки магар миёни тољикон табибон кам будаанд, ки соњиби марказ як номи ноошноро интихоб кардааст? Вожањои ноби "пизишк", "пизишкёр", "шифо", "шифокор", "дармон", "дармонбахш", "исавињуш", "њамроз", "дардошно" ва бад-ин монанд дањњо вожањои дигар чї бадие доштаанд, ки сарфи назар шудаанд. Халќи тољик олимон ва табибоне дорад, ки шуњрати љањонї доранд. Абўалї Ибни Сино

«ЗАНБЎРИ НАР» МУОЛИЉА МЕКУНАД... - муаллифи китоби панљљилдаи "Ќонуни тиб", асаре, ки чандин асрњо китоби дарсии муассисањои олии тиббии Шарќу Ѓарб буд; Исмоили Љузљонї- муаллифи китоби дањљилдаи "Захираи хоразмшоњї", Мансур ибни Муњаммад - муаллифи китоби "Кифояи Мансурї", Юсуф Мухаммад- муаллифи китоби "Љомеъул- фавоид" ва "Тибби Юсуфї". Зимнан таъкид бояд кард, ки ин се олим китобњояшонро бо забони фасењу равони форсии тољикї навиштаанд). Ин фењрастро метавон хеле идома дод. Дар пањлўи "Љумъа-бозор" маркази дилхушиву тафрењотии "Amnesia"ќарор дорад. Чунончи дар китоби "Словарь иностранных слов" ( Москав, 1989) таъкид шудааст, "амнезия" аз таркиби "а"- пешванди инкории вожањои юнонї ва mnёsis- "хотира" гирифта шуда, маънияш халал ёфтани хотира, яъне њофиза мебошад, ки ба њангоми он ба ёд овардани мафњумњо ва тассаввуроти ќаблан созмонёфта ѓайриимкон аст. Ба ибораи дигар амнезия- нуќсу камбуд дар хотира аст". Мавриди он аст, ки ашхоси фоќиди хотира ё њофиза дар осори нависандањои бузурги дунё Габриэл Гарсия Маркес ( романи "Сад соли танњої") ва Чингиз Айтматов ( ("Дуроњаи буронї") бо истилоњи "манќурт" ёд мешаванд.

НАМУНАИ БАРЉАСТАИ ЗАВЌИ ПАСТ

Рў ба рўи бинои "Амнезия" ќањвахонаи "Burderking" ќарор дорад, ки маънояшро дар китобњои дастрас пайдо накардем. Бад-ин монанд, маънии вожањои "Хесон", "Даймонд", "Ясмин", "Ясмина", "Gloria", "La cite", "Джумана", "Юнона", "Giordano", "MEXX", бароямон норўшан боќї монданд. Дар мавзеъи "Гулистон" марказњои дилхушии "Оpera" ва "Саманд" ќарор доранд. Дар китоби "Словарь иностранных слов" таъкид шудааст, ки "Opera" аз вожаи лотинї гирифта шуда, маънояш "иншо", "асар" мебошад. Вале дар он "Оpera"- и Хуљандшањр магар њунари асилу академикї намоиш дода мешавад? Ва чанд метр дуртар аз он боз як маркази дилхушие бо номи "Саманд" фаъолият дорад. Мунсифона бояд иќрор шуд, ки соњибони ин марказ номи ќашангу зебои тољикиеро интихоб кардаанд. Дар "Фарњанги забони тољикї" саманд- аспи рангаш моил ба зардї маънидод шудааст. Пас боз њам суоле бармеояд, ки "аспи рангаш моил ба зардї"-ро ба маркази дилхушию тафрењотї чї нисбатест? Назар ба суханони узви комиссияи номгузории шањрию вилоятї, доктори илми таърих, профессор Саид Марофиев фурсати он расида, то шањри Хуљанд, чун як шањри ќадимию таърихї аз номњои аљнабии барои њамшањриён ва мењмонони вилоят бегонаву ноошно поккорї ва ба љойи онњо вожањои ноби тољикї интихоб карда шаванд. - Ман муќобили номгузорї шудани муассисањои иљтимої тавассути вожањои аљнабию бегона, чун "Опера", "Амнезия", "Даймонд", "Яъсуб" ва бад-ин монанд калимањо њастам,- иброз медорад Саид Марофиев.Дар ин бора дар љаласаи ахири комиссияи номгузории шањрї, ки дар авохири соли гузашта баргузор гардида буд, андешањоямро иброз дошта будам. Масъулони комиссия њама эроду пешнињодоти моро ба китобчањояшон ёддошт карданд ва бо њамин кор ба охир расид. Номњои булъаљабона дар шањр то кунун њамоно бетаѓйир боќї мондаанд. Гузашта аз ин, номи њар як муассиса ба вазифа ва рисолати он мувофиќат бояд бикунад. Таври мисол, дар маркази шањр хонаи савдое њаст бо номи "Авесто". Ин калимаи воќеан хушоњанг аст. Вале номи китоби муќаддаси зардуштиён чї нисбате дорад бо фурўшгоње, ки дар он аксаран молњои сано-

атї мефурўшанд? Ё наздикии бозори "Панљшанбе" маѓозаи либосхои занонаву духтаронае њаст бо номи "Осия". "Осї" вожаи арабї буда маънояш гунањкор аст. Яъне зани ё духтари гунањкор бо маѓозаи либосфурўшї чї иртиботе дорад? - Аз он чї гуфтем метавон хулоса кард, ки руњияи ватандўстии мо ба сифр баробар шудааст,- бо таассуф иброз медорад Сафид Макрофиев.- Мо пойбанд ва муќаллиди тарзи зиндагї ва анъанањои бегонагон шудаем. Њамон тавре равоншиносон таъкид медоранд, њама номњо, овезањо, расму тасвирњо, рамзњо ва намодњое, ки моро ињота кардаанд, ба зоти хеш омўзандаанд. Агар онњо мамлў ва саршор аз эњсосоти ватандўстиву миллатпарастї бошанд, одамонро дар њамон руњия тарбия мекунанд ва агар тарѓибгари бегонахўї, фосиќї,бемењриву бевафої бошанд, боз њам тухми ин гуна хислатњоро дар шууру маѓзи одамон парвариш менамоянд. Гузашта аз ин таќлиди кўр-кўрона ба ину он њамеша фалокатбор аст! Дар њоле, ки ба кишвари Точикистон аз чањор сў њамеша тањољуми иттилоотї ва фарњангї эњсос мешавад ва ин тањољум хатаре ба истиќлолияти кишвар низ дорад, амнияти иттилоотї беш аз пеш ањамияти фавќулъода муњим касб мекунад. Рањбарони зинаи аввали шањри Хуљанду вилояти Суѓд њамарўза аз бари ин муассисањо мегузаранд, вале аз худ аксуаламале нишон намедињанд. Номњои барои мардуми тољик бегонаю ноошно ва орї аз ифтихороти миллї њавоси онњоро парешон намекунад. Шояд эшон маънии воќеии номњои булъаљабонаи зикршуда ва дањњо муассисањои дигарро, ки маънияшонро эњтимол худи соњибонашон надонанд, бидонанд? Пас лутфу мењрубонї карда, шояд баъд аз ин онњоро барои њамватанони азиз, ки дониши фарогири забонї надоранд, шарњ бидињанд? Чаро то кунун касе барои чунин беэњтиромї нисбат ба Ќонуни забони давлатї муљозот нашудааст?!. Оё ин шањр дарвоза дорад? Шањри бедарвоза то куљо амн аст?

Дориюши РУСТАМЗОД


ПОРТРЕТИ СИЁСЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

5

ТАКОПЎИ ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТИ ДЕМОКРАТЇ ДАР КОБУЛ

Президенти №1 Кї президенти Афѓонистон мешавад? Вижагии интихоботи президентии Афѓонистон ин аст, ки райисиљумњури амалкунанда тибќи Ќонститутсия дигар њаќи ширкат дар интихоботро надорад. Њомид Карзай хилофи таљрибаи њамсоягони наздики Осиёи Марказиаш бо бањонањои адами амният даст ба наќзи ќонуни асосї назад ва муддати њузури худро тамдид накард. Дар интихоботи навбатии президентї то охири моњи март 11 номзад боќї монда буд. Инњо: Абдуллоњи Абдуллоњ, Абдураб Расули Сайёф, Ќутбиддини Њилол, Ањмад Ѓанї Ањмадзай, Абдурањим Вардак, Зулмай Расул, Нодир Наъим, Абдуќаюм Карзай, Гулоѓо Шерзай, Њидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай. Ахиран бародарбузурги президенти амалкунанда Абдуќаюм Карзай ба нафъи Зулмай Расул ва Абдурањим Вардак ба нафъи Зулмай Расул аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Нодири Наъим низ эълон кард, ки чун номзади мустаъќил ширкат намекунад. Пас боќї 8 номзади дигар расман ширкати худро тайид кардаанд ва њарчанд маълум, ки тибќи ќонунњои нонавиштаи интихобот бо наздик омаданаи санаи баргузорї теъдоди номзадњо низ коњиш меёбанд, миёни онњо барои расидан ба њадафи нињої муоњадоте сурат мегирад ва яке ба нафъи дигаре аз ширкаат дар интихобот даст мекашад.

Пирўзону маѓлубони эњтимолї Бино ба тањлили аксари коршиносони дохиливу хориљї дар интихоботи ќарибулвуќўъи Афѓонистон аз миёни њамаи номзадњо имкони пирўзии се номзад: доктор Абдуллоњи Абдулло, Залмай Расул ва Ашраф Ѓанї Ањмадзай бештар аст ва пешбинї мешавад, ки талош бештар миёни ин се номзад сурат мегирад. Ин се тан аз пуштибонии аксарият бархўрдоранд ва гузаштаву мансубияти милливу мањаллї ва ќавмиашон низ бозгўкунандаи номзадњои ќудратманд будани онњост. Њарчанд дар Афѓонистон мисли Тољикистон мансубияти мањаллї наќше надорад, вале аз он ки паштузабонон дар таърихи ин киш-

вар бештар аз дигарон соњиби ќудрати идорї буданд, њадс задан душвор њам нест, ки бо вуљуди маъруфият доктор Абдуллоњи Абдуллоњ имкони пирўзї надорад. Ин дар њолест, ки аксари тањлилгароне, ки сари суњбат доштем, ба пирўзии Абдуллоњ бештар таъкид мекарданд. Далелашон маъруфият ва таљрибаи кофии кори давлатї доштан ва назар ба дигар довталабон ба синну сол љавон будани ўст. Чунончї, тањлилгари шинохтаи тољик Султони Њамад, ки ваќтњои охир зиёд дар ин бора менависад ва тањлилњои худро дорад, бештар бар ин назар аст, ки доктор Абдуллоњ шонси зиёдтари пирўзї дорад. Далели ин тањлилгар он аст, ки доктор бар замми он ки панљоњу панљсола аст, боз љињатњои фарќкунандаи дигар, аз љумла мансубияти ќавмї ва таљрибаи кори давлатдориву вазоратї дорад: - Дар интихоботи гузашта Абдуллоњ ва Карзай чун ду номзади аслї боќї монданд, вале доктор бо фаросат дарёфт, ки дар ин шароит пирўзї њатман насиби Карзай мешавад, чун вай президенти амалкунанда аст ва ишѓолгарон њам бештар рўйи ў њисоб доранд. Ин буд, ки ширкат дар сабќати интихоботиро кори бењуда ва сарпастии худ донист ва дар дуввумин давр аз иштирок дар он даст кашид. Њарчанд дар ин интихобот аксаран ишора ба решањои ќавмии доктор Абдуллоњ мекунанд, вале набояд фаромўш кард, ки шахсиятњои дигари барои паштуњо муътабар њастанд ва яке аз онњо Залмай Расули 72-сола мебошад. Ширкати ин пири пуртаљриба худи тољикони ќаламрави Афѓонистонро дар дуроњаи интихоб ќарор додааст. Зеро шахсиятњои то љое маъруф дар љомеаи тољикон аз номзадии ў дифоъ мекунанд ва њатто дар тими таблиѓоти ў ќарор гирифтаанд. Њамсафи сипањсолор Ањмадшоњи Масъуд будани Абдуллоњи Абдуллоњ боиси он нашудааст, ки бародари хунии ў Ањмад Зиё Масъуд дар канораш бошад. Балки аз номзадии Залмай Расул пуштибонї мекунад ва дар сурати пирўзии ин пирамард Ањмад Зиё муовини ў хоњад буд. Пирўзии Заламай Расулро омилњои

дигаре низ њастанд. Дар ин 12 соли охир вай њамеша дар канори Карзай буд ва метавон гуфт, ки аз муттафиќону тарафдорони аслии президент дар ду даври интихоботиаш мањсуб мешуд. Ин нукта њам басо муњим аст. Дар њоле, ки бародарбузурги Карзай ба нафъи Залмай даст аз ширкат дар сабќати интихоботї шуст, метавонад дастури президенти амалкунанда бошад, то овозњо таќсим нашаванд ва аз ин ду яке пирўз оянд. Чуноне дида мешавад ин ва омилњои дигар бо вуљуди маъруфият шонси пирўзии Абдуллоњи Абдуллоњро камтар мекунад. Вале номзади неруманд дар сањнаи интихобот боќї мемонад ва дар сурати шикаст њам эњтимоли он вуљуд дорад, ки њар номзади пирўз ўро дар канори худ љой дињад.

Мунаќќиди Карзай ва шонси камтар пирўзии вай Аммо дар сањнаи сиёсии Афѓонистон Ањмад Ѓанї Ањмадзай љойгоњи хеле шоиста дорад ва метавон ўро низ аз љумлаи номзадњои неруманд хонд. Ин марди 62сола бар замми он ки доктори улум аст, тањсилкардаи ду Донишгоњи амрикоист ва солњои тўлонї дар Бонки умумиљањонї, Донишгоњи Љонс Њолкинси ИМА, Донишгоњи Орхуси Дания кору фаъолият кардааст. Ба њадде маъруфият дорад, ки номзадии худро барои дарёфти симмати Дабири кулли СММ гузошта буд, вале пирўзї насибаш нашуд ва Пан Ги Мун бар ў ѓолиб омад. Њарчанд дар ибтидо љонибдори Карзай буд, вале баъдан ба мухолифи вай табдил шуд ва њамеша сиёсатњои ўро зери интиќоди шадид ќарор медод. Бахусус њукумати Карзайро ба фасоди сахти молї муттањам мекард ва худи ўро фасодзаи ашаддї меномид. Ин аст, ки мављудияти чунин мухолифи маъруф дар сатњи байналмилалї, олими эътирофшуда, донандаи чанд��н забони хориљї барои Њомид Карзай нороњаткунанда буд. Ва яке аз сабабњое, ки мегўянд Ањмад Ѓанї Ањмадзай шонси камтари пирўзї дорад, њамин мухолифаташ бо Карзай аст. Президенти амалкунанда њама дарњои пирў-

зиро ба рўи ин мунаќќиди њокимияташ бастааст, вале агар дуруст тањлил шавад, назар ба Залмай Расул Ањмадзай имкони бештари кор ба нафъи ояндаи Афѓонистон дорад, чун ба олами сиёсати ќудратњо ворид аст ва шояд интригањои сиёсии љањониро назар ба дуи аввал хубтар донад ва огоњ бошад. Пурсише, ки ахиран ширкати телевизионии Tolo TV роњандозї кард, нишон дод, ки таваљљуњи мардум ба Ашраф Ѓанї бештар шудааст ва маъруфияташ миёни ањолї каме поинтар аз маъруфияти доктор Абдуллои Абдуллост. Ин дар њолест, ки њамин пурсиш нишон додааст, ки њадди маъруфияти Залмай Расул хеле коњиш ёфтааст. Албатта, ин танњо як пурсишест, ки метавонад фармоишї бошад, вале баёнагари он нукта низ њаст, ки доирањое дар Афѓонистон бештар ба пирўзии Ашраф Ѓанї манфиатдоранд.

Ситорањои нимарушан Аз миёни номзадњои дигар шахсиятеро ёфтан душвор аст, ки ба њадди ин се тан мањбубият дошта бошанд. Онњо ё солманду андешакуњананд ва ё аслан таљрибаи кори сиёсиву давлатдорї надоранд. Чунончї, Абдураб Расули Сайёф низ аз чењрањои боризи љињодист, ки як замон маъруфият дошт ва аз муттањидони Ањмадшоњи Масъуд ба шумор мерафт. Њарчанд хадамоти амниятї ва љосусии ѓарбї ўро яке аз мусоидаткунандагон ба ќатли "Шери Панљшер" медонанд. Вай љонибдори авфи њамаи толибони зиндонњои Афѓонистон аст. Гулоќо Шерзай, волии кунунии Нангарњор аз Ќандањор, аз љумлаи паштутаборони обруманд аст. Вале ваќтњои охир ўро ба тиљорати мухаддирот, наќзи њуќуќи башар, озодии зиндониёне, ки барои интиќолу тиљорати мухаддирот ба мањбас уфтодаанд ва фасоди молї айбдор мекунанд. Њатто гуфта мешавад, ки соли 2012 ин соњибмансаби давлатї дар фурудгоњи Франкфурт бо ду љомадон пул боздошт шудааст. Аммо ин хабар ба сурати як овоза боќї монд, зеро агар дар Франкфурт ин иттифоќот пеш меомад, ўро ба њабс мегирифтанд ва сару садоњое баланд мешуд. Зеро Франкфурт Аврупост, на Осиёи Марказї. Бо ин вуљуд, вижагии интихоботи президентї дар Афѓонистон ин аст, ки Афѓонистон бори аввал президенти воќеии худро интихоб мекунад. Њомид Карзай нафари тањмилшуда сари ин миллат буд. Номзади оянда њам то љое тањмил мешавад, аммо на ба шевае, ки 13 сол пеш Карзай сари ќудрат омада буд... Бобољони ШАФЕЪ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

РАНДА

МАСХАРАБОЗИИ МАСЪУЛИН Бо гузашти ду сол аз офати табиї њанўз њам як гурўњ истиќоматкунандагони дењаи Устунги ноњияи Кўњистони Мастчоњ натавонистанд соњиби хона ва зиндагии хуб шаванд. Њар рўз ваъдањои нав ба нав мешунаванд, аммо дар амал таќрибан чизе дида намешавад... 19-уми марти соли 2012 дар дењаи Устунги ноњияи Кўњистони Мастчоњ бар асари фаромадани тарма хонаи 9 нафар истиќоматкунандагони дењаи Устунг вайрон шуда, садњо њазор сомонї ба хољагии халќ зарар расидааст. Хушбахтона бар асари ин воќеа ягон нафар ба њалокат нарасидааст. Баробари рух додани ин воќеа масъулини њукумати ноњияи Кўњистони Мастчоњ аз њисоби сокинони дигар дењањо њашар ташкил карда, як ќисми маводи сокинонро аз зери тарма бароварда, нафарони бехонаро дар хонаи хешовандонашон љойгир карданд. Баъди сафари собиќ раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода ба ин љо супориш дод, ки барои њар як истиќоматкунанда 28 њазор сомонї аз њисоби давлат пардохт карда, дар ноњияи дигар барои онњо замини наздињавлигї људо карда шавад, зеро дењаи Устунги ноњияи Кўњистони Мастчоњ барои зистан дигар хатарнок аст. Мувофиќи супориши Ќоњир Расулзода ба 9 оилаи зарардида дар љамоати Таѓояки ноњияи Спитамен замини назди-

«

њавлигї људо карданд. Яъне, гўё супориш иљро шуд, аммо... Мањадмумин Гиёев яке аз нафароне, ки ба гуфтаи худаш хонаву дараш пурра зери тарма монда, инчунин 3 сар гову гусфандаш ба коми тарма рафт. Ў мегўяд, "ба онњо дар минтаќае замин људо карданд, ки оби нўшокї аз он дар масофаи ќариб 1 километр дурї ќарор дорад. - Барои сохтмон мо њатто обро харидем. Илова ба маблаѓи људокардаи раиси вилоят боз ќарз карда, сохтмонро ба анљом расонидем. Љой љои хуб аст, аммо обаш мушкил аст. Дар аввал маслињат ин хел буд, ки бояд маќомоти ноњияи Кўњистони Мастчоњ корро зери назорати худ мегирифт ва бино зери назорати онњо сохта мешуд, аммо баъдан боз фикрашонро дигар карда гуфтанд, ки мо пулро медињем худатон бино кунед. Баробари пулро додан моро маљбур карданд, ки зудтар сохтмонро бино кунем, њол онки ин 21 њазор барои сохтмони хона намерасид. Мо фикр кардем, ки то ба анљом расидани сохтмон боз

Мо фикр кардем, ки то ба анљом расидани сохтмон боз моро кўмак мекунанд, аммо афсус ки ин тавр нашуд. Илова ба маблаѓи људокардаи раиси вилоят боз ќарз карда, сохтмонро ба анљом расонидем, аммо зиндагї кардан дар ин гуна шароит мушкил аст,- мегўяд, Мањадмумин Гиёев.

Бори аввал дар Тољикистон нархи картошка ба 4 сомонї дакка хўрд. Ин њам дар њоле, ки соли гузашта дар кишвар бори аввал дар таърих 1 миллион тонна картошка истењсол шуда буд. Яъне бори аввал "истењсол"-и картошка ба 1 миллион тонна расиду боз бори аввал нархи он ба дараљаи рекордї баланд шуд. Њафтаи гузашта дар Тољикистон нархи картошка, дуввумин мањсулоти серистеъмолтарини мардум ба дараљаи рекордї расида, якбора аз 2 сомонию 50 дирам ба 4 ва њатто зиёдтар аз он дакка хўрд. Ин њам дар њоле, ки бояд мувофиќи "хушхабар"-и Ќосими Роњбар вазири кишоварзии Тољикистон нархи он поён мерафт на боло. Зеро вазир зимни Љаласаи васеи Њукумати Тољикистон дар таърихи 15-уми январи соли равон гуфта буд: "Супориши Президенти кишвар Эмомалї Рањмон доир ба расондани истењсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иљро гардид. Дар соли 2013 1 миллиону 115 њазор тонна картошка истењсол шуд." Баробари садо додани ин сухан баъзе аз коршиносон суханњои Ќосими Роњбарро зери шубња бурда гуфта буданд, картошкаи хориља бахусус картошкаи Покистон аст, ки нархи он дар Тољикистон муътадил аст. Эмомалї Рањмон низ зимни баромадаш дар Љаласаи васеи Њукумат гуфта буд, "дар соли 2013 воридоти картошка ба Тољикистон нисбат ба соли 2012 9,5 њазор тонна зиёд гардидааст." Тахмини коршиносон дуруст баромад, баробари ќатъ шудани воридоти картошкаи Покистон нархи он дар давоми 1 њафта ќариб як маротиба зиёд шуд. Сабаби ќатъ шудани воридоти картошкаи Покистон ба Тољикистон ба интихо-

бино карда, купрукхо сохта, об бароварда,

«

моро кўмак мекунанд, аммо афсус ки ин тавр нашуд. Илова ба маблаѓи људокардаи раиси вилоят боз ќарз карда, сохтмонро ба анљом расонидем, аммо зиндагї кардан дар ин гуна шароит мушкил аст,- мегўяд, Мањадмумин Гиёев. Мутаассифона, маблаѓи ваъдагии Ќоњир Расулзода пурра барои онњо пардохт нашуд. Њарчанд мегўяд, ў ин маблаѓ барои сохтмон пурра намерасид. -Собиќ раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода зимни сафари худ ба ноњияи Кўњистони Мастчоњ баъди рух додани ин њодиса ваъда доданд, ки ба мо 28 њазор сомонї кўмак мекунанд. Раиси ноњияи Кўњистони Мастчоњ Сўњробшоњ Охунов низ он ваќт гуфт буд, ки барои мо 28 њазор сомонї кўмак мерасонад. Аммо аз ин 28 њазор танњо 18 њазораш ба мо расиду халос. Таќдири 10 њазори дигар номаълум аст, изњор дошт, Мањадмумин Гиёев. Ин нафари зарардида аз офати табиї мегўяд, барои гирифтани 10 њазори боќимонда ба њуќуќшиносон мурољиат кардаааст. Њуќуќшиносон ба ў гуфтаанд, ки барои гирифтани маблаѓи боќимонда бояд нусхаи ќарори раиси ноњияро дошта бошем. Аммо дар њукумати ноњияи Мастчоњ бо њар бањона ин ќарорро ба мо намедињанд. Аммо Исматулло Ќозиев, сардори ситоди њолатњои фавќ-

уллодаи ноњияи Кўњистони Мастчоњ дар сўњбат ба "Нигоњ" иддаои зарардидагонро рад карда мегўяд, "ќарори раиси вилояти Суѓд барои зарардидагони офати табии ќишлоќи Устунг на 28 њазор, балки 18 њазор сомонї људо кардан буд. Аммо мардум њамон сухани дањонии Ќоњир Расулзодаро мањкам ќапида, иддао доранд ки боќимондаи маблаѓ ба онњо дода шавад. Ба чандин љо мурољиат кардем, аммо њељ кас ба доди мо намерасад, - мегўяд, Мањамдму-

мин Гиёев. Танњо Маќомоти ноњияи Спитамен ба онњо ваъда додаанд, ки масъалаи оби нўшокии онњоро њал хоњанд кард. Мањадмумин Гиёев бо як гурўњ аз истиќоматкунандагони дигар мехоњанд рўзњои наздик ба Президенти Тољикистон мурољиат кунанд то ба мушкили онњо расидагї шавад, зеро ду сол мешавад, касе аз масъулини њукумати вилоят мушкили онњоро ба инобат намегирад. Муллораљаб ЮСУФЇ

"ПУФФАК"-И ЌОСИМИ РОЊБАР КАФИД Нархи картошка дар бозорњои кишвар то 4 сомонї боло рафта, сирри омори вазорати кишоварзиро фош кард

боти ќарибулвуќуъи президентї дар Афѓонистон рабт дода мешавад, ки бояд 5-уми апрел баргузор гардад. Дилшод як соњибкори бозори "Дењќон"-и шањри Душанбе дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, бо картошкаи истењсоли дохил таъмини мардум бо картошка но-

мумкин аст. Агарчї картошкаи дохилї, мегўяд Дилшод сифаташ нисбат ба картошкаи хориљ хубтар аст, аммо њаљми истењсоли он кам аст. Худи дењќонони кишвар низ мегўянд, онњо захираи худро асосан дар фасли зимистон фурўхтаанд ва њоло танњо ба-

рои хўрокаи худ ва тухмї картошка доранду халос. Бањодур як дењќони картошкапарвар аз ноњияи Кўњистони ноњияи Мастчоњ мегўяд, дар фасли зимистон баробари 1 мошин картошкаи меовардаи онњо 23 мошин картошка аз Покистон ворид мешуд ва дењќонони наметавонистанд мањсулоти худро бо нархи дилхоњ фурўшанд. Бањодур мегўяд, соли гузашта истењсоли картошка мисли солњои пеш буд ва на ба он дараљае њосилнокї баланд буд, ки масъулин мегўянд. Њисоботњои "рекорд"-ии Ќосими Роњбар ва нињоди зертобеи ў Вазорати кишоварзї бори аввал нестанд. 4 сол пеш соли 2010 Вазорати кишоварзии Тољикистон эълон кард, ки дар њудуди љумњурї 1 миллион тонна ѓалладона истењсол шудааст. Он ваќт низ њама интизори он буданд, нархи орд поён меравад, аммо натиља баръакс шуд. Он ваќт ќимати як халта орд дар бозорњо аз 85 сомонї ба 105-115 сомонї баробар шуд. Саволе, ки инљо пайдо мешавад, ин аст, ки чунин њисоботњо ба кї даркоранд ва чаро Агентии зидди фасод дар ин гуна њолатњо боре ба "суроѓ"-и Вазорати кишоварзї намеояду бипурсад, ки 1 миллион картошка куљост? Умари ТОЊИР


ТАЌДИРИ ШИНОС

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

7

«Њаќиќат њар куљое њаст озодист манзураш» Абдулќодири БЕДИЛ Инсон мављудест њама ваќт дар љустуљўи њаќиќат, њама давру замон мавзўи њаќиќат, чун имрўз мавзўи асл ва зарурии фалсафа буд. Имрўз агар фалсафа дорем ва пажўњишгоњи фалсафа дорем, чаро њанўз аз файласуфони тољик кам мардум ба ин бозии њаќиќат ('the games of truth'), чунон ки Суќрот ва баъдан Фуко ќайд кардаанд, дохил шудаанд. Чаро њанўз кўшиши фањмиш ва тафсири ашё ва рўйдодњо дар воќеияти мо ончунин ки њастанд, амалї нашуда истодааст. "Њаќиќат " худ калимаи фаромўшшудаи ин матн аст. Онро дар даврони Шуравї гўр карда буданд ва замоне пас аз пош хурдани Империяи Шуравї њаќиќати нав пайдошударо љое ба номусаш таљовуз карданд, љое бо тире ба мављудияташ хотима бахшиданд,љое онро ба дор ва љое ба девор чун сурате овехтанд. Ин унсурест, ки дар бораи мавќеъи фикрии файласуфон ва зиёиёни тољик дарак медињад ва набуданаш дар ин матн аз набудани файласуфони мавќеъи муайан дошта шањодат медињад. Яке аз унсурњои бо њаќиќат сахт бофта шуда ин унсури озодї мебошад ва ба гуфти Њайдеггер "озодї љавњари њаќиќат" мебошад. Ин љо мо дар бораи раванди шинохт њарф мезанем, ки озодї ќисми људонашавандаи он аст ва якљоя дар шахсияти мутафаккир бо худии ў ва бо њаќиќат ташакул маёбад. На њар кас ќобилият ва ѓунљоиши ин арзишро дорад ва "озодї" барои як дењќон аз "озодї" барои як мутафаккир фарќ мекунад. Марде бояд, ки онро дуруст истифода карда тавонад. Ин аз арзишњои њаќиќат аст, ки нињон аст ва на њар кас чашми дидани он ва ќудрати бурдани онро дорад. Инсонњо дар баробари шинохти њаќиќат худро кашф мекунанд. Дар таърихи тафаккури исломї ин масъалањо дар сатњи баланд тањќиќ шудаанд ва аз рўи таълимоти онњо њама ваќт ба њаќ ва њаќиќат бояд такя кард на ба шахсиятњо. Нуќтаи муњим ин аст, ки мутафаккирон бояд ба њаќиќат имконияти шинохтро ва буданро дињанд. Њоло зарур аст, ки њастї ва њаќиќат бо пуррагї ва ончунон ки њаст зуњур кунанд, чаро ки чун роњ баста аст - тозагї, сафо, адолат ва эљод хоњад мурд ва дарњои фитна, фисќ ва фасод боз хоњад шуд. Ин љо бояд роњбарияти аќлонї ва роњбарияти сиёсии љумњурї њамдигарфањмии наздик дошта бошанд... Дар ин раванд, озодии фикриро њамчун њуќуќи инсонњо аз озодї њамчун мардонагии аќлї фарќ бояд кард. Мардонагии аќлї дар давраи исломии таърихи тафаккури тољикон њосили роњи худшиносї ва тарзи тафаккури исломї буд, ки аз ояњои Ќуръонї ва њадисњои Пайѓамбари акрам (с) сарчашма мегирифт. Ва ба хусус ваќте ки Худованд худ дар сифати мардон њарф мезанад ва кї будани онњоро дар бисёр љои китоби худ муайян мекунад. Масалан: "Аз муъминон мардоне њастанд, ки он чиро бо Худо бар он паймон баста буданд, рост карданд" (Азњоб:23) ё дар љои дигар "мардоне, ки њељ савдогарї ва харидуфурўш онњоро аз ёд кардани Худо ва барпо доштани намоз ва додани закот бознамедорад... " (Нур: 37) ва ѓайра. Бояд гуфт ки аз 'мардї' амали мардонаро дар назар доранд, ки он хоси инсонњост чи марду чи зан ва њадиси Пайѓамбари акрам (с) аст, ки "Њар як нарина мард нест". Мутафаккирони исломї, ки шахсияти

«ВАЌТЕ ДАР БОРАИ МАРДОНЕ ЧУН АБУЊАНИФА, ЃАЗЗОЛЇ ВА ДИГАРОН ЊАРФ МЕЗАНЕМ, ГЎЁ, СУХАН ДАР БОРАИ ДИНОЗАВРЊО МЕРАВАД...»

ЊАЌИЌАТ ВА ОЗОДЇ Фољиаи њаќиќат ва озодї дар Тољикистон аст, ки ниќобдор зиёд дорем ва онон њама чизро метавонанд фурўхтан... худро дар технологияи худсозии исломї ба камол мерасониданд, яке аз фазилатњояш њамин мардонагии аќлї буд, ки онро дар корномаи бисёре аз мутафаккирони исломї мебинем, ки чи гуна дар баробари золимон аз њаќиќат њимоят кардаанд, на аз шахсият ва на аз воќеъият (reality), ки метавонад дурўѓин њам бошад. Ин як фазилате буд, ки дар Юнони ќадим онро бо номи "парњессия" ёд мекарданд ва Фуко мехост ин санъатро барои насли нави Аврупо зинда созад. Дигар ин ки таносуби ин ду мафњум, яъне 'воќеъият' ва'њаќиќат' аз комилии тарзи тафаккури исломї шањодат медињад. Агар 'воќеъият' дар бораи як тарафи раванди њаёт њарф занад, 'њаќиќат' њастии инсонро ба таври комилтар фаро гирифта дунё ва инчунин охирати ўро њам дар бар мегирад ва агар воќеъият тавонад, ки амалишавии як чизи ботил њам бошад - њаќиќат ин танњо амалишавии чизест одилона ва ростин (яъне њаќ). Ва инсонњое, ки аз зинаи њаќиќат ба ашё ба руйдодњо ва ба масъалањо кор мегиранд, метавонанд дигаргунии сифатан инсониро дар њаёт ба вуљуд овардан. Дигар ин ки њаќиќат ва њам озодї моликияти касе нест, балки моликияти умумиинсонианд, ки њар кас аз онњо ба ќадри ѓунљоиши худ бархурдор аст ва онро бояд шинохт ки дар њастии мо чи гуна амалї мешаванд. Ва ин љо мебояд гуфт, ки он мутафаккирон ки ба љое расида буданд бештар дар фикри нигоњ доштани нуфузи њаќиќат

буданд на шахсият. Дар ин бора Мавлоно менависад; "...Бо подшоњон нишастан аз ин рўй хатар нест ки сар биравад, ки саре аст рафтани - чи имрўз ва чи фардо. Аммо аз ин рў хатар аст, ки эшон чун дароянд ва нафсњои эшон ќувват гирифтаасту аждањо шуда, чи кас, ки бо эшон сўњбат кард ва даъвати дўсти кард ва моли эшон ќабул кард, лобуд бошад, ки бар вафќи эшон сухан гўяд ва ройњои бади эшонро аз рўи дил нигоњ дошта ќабул кунад ва натавонад мухолифи он сухан гуфтан. Аз ин рў хатар аст... " ( Фињи мо фињи ). Мављудияти имрўзаи мо худ нишондињандаи он аст, ки то куљо мо озод њастем ва то куљо ба њастї ва њаќиќат имкони будан додаем. Њануз файласуфони мо, ки дар роњи аслии њаќиќат нестанд, дар пажуњишгоњњо ва донишгоњњо чунон ки дар даврони шуравї буд ба љои шинохти њаќиќат ба сурат ќаноат кардаанд ва њаќиќатро бо шахсиятњо мешиносанд, вале њама давру замон шахсиятњоро бо њаќиќат мешинохтанд. Имрўз сурати "њаќиќат " болои сари њама овезон аст, чунон ки дар даврони Шўравї буд ва ин њанўз њам нуќтаи охирини "њаќиќатшиносии" ин мардум аст ... Ва ин фољиаи њаќиќат ва озодї дар Тољикистон аст, ки ниќобдор зиёд дорем ва њама чизро метавонанд фурўхтан, ин љо судя (ќозї) ва ё прокурореро наметавон пайдо кард, ки мисли Имом Абуњанифа (р) ба хотири њаќиќат аз вазифа даст кашида бошад ва ё вазире, роњбари донишгоње ё пажуњишгоње,

чун Абуњомид Муњаммади Ѓаззолї ба хотири шинохти њаќиќат , аз љањли хеш шарм карда, вазифаро партофта ба суи озодї ва њаќиќат њиљрат карда бошад. Дар љунин љомеъаи фасод ва хомўш баъзан ба ман чунин намуда истодааст, ки ваќте дар бораи мардоне чун Абуњанифа, Ѓаззолї ва дигарон њарф мезанем, гўё, сухан дар бораи динозаврњо меравад... Оре, њаќиќатро инсонњо метавонанд ошкор кардан ва имкон медињанд дар зиндагии мардум амалї шавад ва њамин аст, ки баъзан дар мубориза бо њаќиќати козиб мардњо шањид мешаванд... Хусусан, замоне ки сиёсатмадорон ќобилият фањмидан ва ѓунљоиши бурдани њаќиќатро надоранд, ва ё одатан шитобзадаанд ва ваќти шунидани сухани њаќро надоранд. Хонандагони муњтарам аз ќиссаи вохўрии Њазрати Исо (а) бо Понтий Пилат хабар доранд ва саволе, ки ин амалдори румї аз пайѓомбари Худо пурсид, ин буд, ки "Њаќиќат чист?" вале барои шунидани љавоб ваќт надошт, дар њоле ки аз њаќиќати ин марди дар баробараш истода чизе намедонад. Понтий Пилат ба оммаи љамъшуда мурољиат карда мепурсад: "Шумо бигўед, ки ман бо ў чї бикунам?" Ва ин мисоли классикии муносибати сиёсат бо њаќиќат аст, ки суратро мебинанд ва маъниро намебинанд...

Мењмоншоњ ШАРИФЗОДА

САДОИ МАРДУМ

"СОЛИ РУШДИ ФУТБОЛ" ФУТБОЛИ ТОЉИКРО НАЉОТ НАМЕДИЊАД Беш аз 50 дарсад баронанд, ки Соли рушди футбол эълон шудани 2014 футболи тољикро аз бунбаст рањо кунад.

11%

Умед мебандем

4%

Барои ман фарќ надорад

Намедонам

14%

Не, зеро ин шиоре беш нест

12%

Ш ояд, агар масъулин хоњанд

Бале, бовар дорам

51%

8%

Дар ин бора натиљаи пурсиши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи ожонси иттилоотии ТojNews, ки тўли як њафта миёни хонандагони ин сомона идома дошт, далолат мекунад. 51 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ин иќдом шиоре беш нест. 14 %-и пурсидашудагон, ба саволи "Соли рушди футбол" футболи тољикро наљот медињад?" гуфтаанд: "Шояд, агар масъулин хоњанд". 12 дарсад гуфтаанд, бовар доранд, ки

ин иќдом метавонад футболи тољикро наљот дињад. 12 фоиз гуфтаанд, ба наљот ёфтани футболи тољик бо ин роњ бовар доранд. 8 дар сад ба ин "умед мебанданд". Беш аз дањ дарсад гуфтаанд, барояшон ин мсъала муњим нест ва камтар аз 5 фисад ба ин савол посухи "намедонам"-ро интихоб кардаанд. Дар ин пурсиши ѓайрирасмї, њудуди 800 нафар ширкат карда, дар он аз як компютер њамагї як маротиба раъй додан имкон дошт.


8

МУШКИЛИ СУНЪЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

«Намози имоме, ки ќавм онро намехоњад, аз сараш як ваља�� боло намеравад» Њадиси Паёмбар (с)

ЊУЌУЌИ МАЙИТ ё ќарори ботили Шўрои уламо 12-уми феврали соли 2014, сомонаи расмии интернетии Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон матлаберо зери унвони "Ќарор: Хондани намози љаноза ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шўрои уламо вогузор шавад!", чоп кард. Ин матлаб бо вуљуди муњри таъйид гирифтанаш аз љониби маќомоти салоњиятдори њукуматї ба вокунишњои зиёде рў ба рў шуд. Дар матни ин Ќарори чопшуда омадааст: "6-уми феврали 2014 бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози љаноза ва имоматї дар он бањсу мунозирањо рух медињанд ва чунин њолатњо боиси коста гардидани обрўи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофњо миёни шањрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тољикистон ба хотири ба тартиб овардани намози љаноза ва имоматї дар он бо такя ба сарчашмањои муътамади мазњабї ќарор намуд, ки тибќи он имоматї дар љаноза дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шўрои уламо вобаста ба сатњи њузур ва маќоми ишѓолкардаашон вогузор карда шавад. Дар замимаи ин ќарор бо такя ба сарчашмањои муътамади мазњаби њанафї доир ба тартиби имоматї дар намози љаноза чунин зикр шудааст: (Матни арабї) "Барои гузаронидани намози љаноза султон, сипас ќозї, баъд аз он имоми мањалла, баъд аз он валии майин(майит-А.Н.) сазовортар аст". ("Мухтасар-ул виќоя", с. 28) (Матни арабї) "Бењтарин мардум барои имом шудан дар љанозаи майит султон аст, агар њозир бошад. Агар њозир набошад, мустањаб аст, ки имоми ќаря, баъд аз он валии майит таќдим карда шавад".("Мухтасар-ул ќудурї", љ. 1. с. 281) (Матни арабї) "Дар "Фатовои кубро" омадааст: Шахсе пеш аз вафот васият кунад, ки бар ў фалон кас намози љаноза гузорад, васият ботил (бекор) мебошад. Фатво бар њамин аст. ("Фатвои њиндї", љ. 1. с. 450) (Матни арабї)Насињати Имоми Аъзам ба шогирдаш Абўюсуф Яъќуб ибни Иброњим: "Хондани хутбањои никоњ ва баргузории намози љаноза ва идайнро ба хатиби ноњия ва минтаќаи худ вогузор кун!",("Ашботу ва назоир", сањ. 372)". "Нигоњ" њам дар њамин мавзўъ матлаберо чоп карда буд ва баъд аз он аз Кумитаи дин хост, ки дар ин маврид мавќеашонро баён кунанд. Кумитаи дин њам № 394/2-01 "19" марти соли 2014 бо имзои муовини якуми Раиси Кумита Ѓиёсов Љ.Ф., расман тариќи мактуб посух гуфт, ки матни пурраи он чунин аст: "Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 7-уми марти соли 2014 № 23 оид ба маќолаи њафтаномаи "Нигоњ"-"Мурда, аз манї?!" мавриди бар-

расї ќарор дода, иттилоъ медињад, ки дар ин робита Маркази исломии Тољикистон бо такя ба сарчашмањои муътамади мазњаби њанафї ќарори дахлдор намуд, ки матни он(ишора ба матни дар боло зикршуда) дар сомонаи расмии Кумитаwww.din.tj љой дода шудааст. Дар ин маврид мавќеи Кумита бо мавќеи Маркази исломї комилан мувофиќ мебошад".

"Имоми тањмилї" Васият кардан ќабл аз марг љузъи њуќуќњои дахлнопазири шањрванд ва дар мавриди мо - майит аст. Тибќи моддаи 17-уми Конститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон: "Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд. Давлат ба њар кас, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, эътиќоди динї, мавќеъи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк, њуќуќу озодињоро кафолат медињад". Њамчунин мутобиќи банди 1-уми моддаи 4-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї", дар Љумњурии Тољикистон озодии виљдон ва озодии пайравї ба дин, аз љумла, њуќуќи ба танњої ва ё њамроњи дигарон пайравї кардан ба њар гуна дин ё пайравї накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, пањн намудан ва дигар кардани њама гуна эътиќоди динї ва эътиќодњои дигар, инчунин мутобиќи онњо амал кардан кафолат дода мешавад". Амалан ќарори Маркази исломии Тољикистон ва мувофиќати комили Кумитаи дин ба он бо меъёрњои ќонунњои љорї мухолифат доранд ва амал кардан ба он на фарзи Илоњисту на ќарзи шањрвандї. Амал кардан ба он њам барои касе њатмї нест, зеро тибќи моддаи 37, банди 2, сархати 5 (истифодаи истинод дар санади меъёрии њуќуќї) ЌЉТ "Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї гуфта шудааст: "раќами баќайдгирии санадњои меъёрии њуќуќии хусусияти умумињатмї доштае, ки бояд дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шаванд" надорад. Ин ќарор ба талоботи моддаи 32 њамин ќонуни зикргардида низ мухолафат дорад. Инчунин тибќи моддаи 8, сархати 2 - и Сарќонуни кишвар "мафкураи њељ як њизб, иттињодияи љамъиятї, динї, њаракат ва гурўње наметавонад ба њайси мафкураи давлатї эътироф шавад". Ба њамин хотир, ин мувофиќати комили Кумитаи динро ба љузъ шона холї кардан ва як навъ гурез аз масъулиятшиносї чизи дигаре наметавон унвон кард. Чунки тибќи моддаи 10, банди 3-и ЌЉТ "Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї", маќомоте, ки ба он ваколат вогузор гардидааст, њуќуќ надорад онро ба маќомоти дигар вогузор намояд. Дар моддаи 72 - и ЌЉТ "Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї (Ќонуни ЉТ аз 11.03.2010 № 597, 28.06.2011 № 730) оид ба бањисобгирии санадњои меъёрии њуќуќї гуфта шудааст: "Санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, фармо-

«

Ин маросимњои миллиро давлату њукумат не, худи миллат дар рафти садсолањо њаллу фасл кардааст. Њукумати Тољикистон њам аз таваллуд то вафот тибќи ќонун маросимњои динї ва љашну маросимњои миллиро ба танзим даровардааст.

нњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон , санадњои меъёрии њуќуќии умумињатмии вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ба Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон барои бањисобгирї, ќайди давлатї ва дохил намудан ба Фењристи ягонаи давлатии санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ирсол мегарданд". Ба њамин далел, метавон гуфт, ки меъёри ин ќарори Маркази исломї ба андозаи яке аз ќарорњои маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот њам дар дуртарин гўшаи Тољикистон арзиши расмии ќонунї надорад, чї расад ба иљроиши њатмии он дар сар то сари Тољикистон. Њамзамон тањмил кардани ин ќарори Маркази исломї ба тамоми мардуми Тољикистон мухолифи ќонунгузории Тољикистон аст. Зеро ба ин восита берун кашидани масъулини ташкилотњои динї аз доираи муќаррарнамудаи ЌЉТ "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї аст". Њамчунин васият кардан ќабл аз марг аз љумлаи њуќуќњои фитрии инсон аст. Кодекси граждании Тољикистон низ дар моддаи 1152 васият карданро эътироф кардаасту тибќи моддаи 4, банди 11 - и ЌЉТ "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї ", "Иттињодияњои динї дар масъалањои вобаста ба озодии виљдон ва озодии пайравї ба дин њуќуќи дахолат ба њаёти шахсии инсон ва шањрвандро надоранд". Инчунин моддаи 5 - и Сарќонуни кишвар кафолат додааст: "Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд. Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд". Њамзамон шариъати ислом низ имоматии тањмилиро дар њар мавриде, ки бошад, амали зиште хонда, дар ривоятњои муътабари њадис аз Паёмбари ислом(с) ба ин тартиб наќл шудааст: 1. Ибни Моља дар ривояте ба ин мафњум наќл кардааст, ки намози имоме, ки ќавм онро намехоњад, аз сараш як ваљаб боло намеравад. 2. Дар ривояти Имом Тирмизї низ ба ин маънї омадааст, ки намози имоме, ќавм онро намехоњанд, аз гўшаш боло намеравад. 3. Дар ривояти Имом Абўдовуд њам ба ин мазмун наќл шудааст, ки: Аллоњ

«

Таъоло намози имоми (тањмилї)-еро, ки ќавм онро намехоњанд, ќабул намекунад. Агар ваќте ќавм ва ворисони майит нахоњанд, ки дар намози љаноза, аз пушти яке аз имомон, имомхатибон, сархитобон ва ё раиси Шўрои уламо вобаста ба сатњи њузурашон дар намози љаноза иќтидо кунанд ва оне, ки аз инњо њузур дорад - хоњ имоми панваќта бошад ва ё хоњ раиси Шўрои уламо - низ инро дониста ва худсарона пеш дарояд, табиист, ки ба њамин далелњои зикршуда на намозаш ќабул мешавад ва на рияои тартиботи љамъиятї дар маросимњои динї дуруст анљом дода мешаванд. Ин дар њолест, ки дар намозњои љаноза њам аксар маврид хешу табор ва наздикону пайвандони майит иштирок мекунанд ва табиист, ки аксари онњо хоњони амалї шудани охирин васияти инсони фавтида њастанд. Ин маросимњои миллиро давлату њукумат не, худи миллат дар рафти садсолањо њаллу фасл кардааст. Њукумати Тољикистон њам аз таваллуд то вафот тибќи ќонун маросимњои динї ва љашну маросимњои миллиро ба танзим даровардааст. Аммо ба як њукумати демократї ва њуќуќбунёде, ки мардумаш дар асри 21 зиндагї мекунанд, намезебад, ки баъд аз ин њама танзимњо ба хотири дастдарозї ба њуќуќњои фитрии шањрвандон низ фурсатталабї кунад. Агар мабодо ин раванд идома ёбад, фардо ё пас фардо ин Маркази исломї ва ё Кумитаи дин бо њамин рањбарияте, ки доранд, ба хотири "ба тартибу низом даровардан" шояд ќарорњои хеле ѓалате ќабул хоњанд кард, ки натанњо номи худ, балки Тољикистонро њам дар фењристи Рекордњои Гиннес ворид хоњанд кард.

Кї бояд "пеш дарояд"? Дар бораи он кї сазовортар ба имоматї дар намози љаноза асту пешдароии чї касе мустањаб (ишора ба ду сарчашмаи аввал ќарори Маркази исломї) бояд гуфт, ки дар фиќњи исломї ва бавижа дар байни мазоњиби ањли суннат дар ин маврид ихтилоф вуљуд дорад ва њамаи ин ихтилофњо бар пояи фазилат ва бартарият аст, на тањриму тавњини тарафњои муќобил ва ё мухолифу каси дигар. Бар илова дар њар дуи ин фатвоњои зикршуда ба моддаи 4-и ЌЉТ "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї", банди 6. "Даъват ба њар гуна бартарињо ва мањдудиятњо дар муносибат ба дин ва эътиќод роњ дода намешавад", ба таври ошкоро мухолафат вуљуд дорад. Инчу-


ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

9

«

нин он ду дар замоне содир шудаанд, ки дар он ваќт ва дар он макони содиршуда "Њукумати Исломї" амал мекардааст, на мисли Њукумати Тољикистон, ки демократї аст. Бар илова, дар њар дуи он калима "султон"- њамвазн ва њаммаќоми президенти њозира - зикр шудааст, ки ин баёнгари хоси кишварњоест, ки њукумати онњо исломї аст ва президенти онњо намози љанозаро имоматї мекунад, ки ин њам хоси низоми давлатдории мо нест ва президенти амалкунандаи кишвар њам вазифадор нест, ки рафта намози љанозаи касеро бихонад. Оид ба далели саввуми зикр кардаашон, ки васиятро ботил гуфтаанд, бояд ќайд кард, дуруст аст, ки мазњаби Имоми Аъзам васияти майитро эътироф намекунад, вале дини ислом танњо ба мазњаби Њанафї мунњасир намешавад. Њоло се мазњаби дигари Ањли суннат онро бо далелњои ќатъї њамчун як суннати њасана мепазиранд. Дар байни худи имомони њанафї низ ихтилофњои зиёде ба ин монанд, вуљуд дорад, вале набояд мањз барои манофеъи андаки як гурўњ њама мусалмонон ва ё исломро зери суол бубарем. Бино ба маълумоти бахши фатвоњои муосири пойгоњи исломии "www.islamweb.net" низ дар бораи далели саввуми ин ќарор њам, ки васиятро ботил њукм кардааст, бояд гуфт, ки бењтарин марди мусалмон баъд аз Муњаммад (с) Абўбакри Сиддиќ-халифаи аввали мусалмонон пеш аз вафоташон васият карда буд, ки намози љанозаи ўро Умар ибни Хаттоб-халифаи дуввум бихонад. Баъд аз вай Умар њам васият карда буданд, ки намози љанозаи ўро Суњайб бихонад ва сипас Оиша(р) њамсари Паёмбари Худо(с) низ васият карда буданд, ки намози љанозаашро Абўњурайра бихонад ва Умми Салама, њамсари дигари Паёмбари Худо њам васият карда буд, ки намози љанозаашро Саъид ибни Зайд бихонад, ин њама васиятњо иљро шудаанд. Оё ин амбармардоне, ки љањони ислом мадюни илму дониш ва саъю талоши онњо оид ба густариши шариъати Муњаммадї(с) њастанд, Исломро ѓалат фањмидаанд? Оё онњо дар амонат хиёнат кардаанд? Оё Абўбакру Умаре, ки аз садри Ислом

«

ќариб њар рўз бо Пайѓамбар(с) буданд ва Оишаву Умми Салама-он ду њамсари мењрубоне, ки нифси динро ќариб ба мардум расониданду шаб Расули Худо(с)-ро дар хонаву бистар њамроњї мекарданд, ѓалат карда, суннати ботилеро барои дигарон ба мерос гузоштаанд?! На, аќли солими як мусалмони муътаќид ба мактаби Ањли Суннат ва љамоъат наметавонад онњоро ба хиёнат дар амонат муттањам кунад ва то имрўз ба љузъ равофиз касе љуръати онњоро ба хиёнат муттањам намуданро накардааст. Ва аммо дар бораи далели чањорум, васияти Имоми Аъзам ба шогирдаш Абўюсуф, гуфтанием, ки дар ин масъала байни Имом ва њамин шогирдаш ихтилоф вуљуд дорад ва Абўюсуф ба мисли Зањњок имоматии валий (соњиб)-и майит ё мурдаро дар намоз аз дигарон авлотар донистааст. Абўњанифа њам дар маќоле маъруфаш гуфтааст, ки агар сухане аз ман ба Ќуръону Суннат мухолафат кунад, онро ба девор бизанеду ба гуфтаи он ду амал намоед. Дар бораи он, ки Маркази исломї иќрор шудааст, ки "баъзан дар масъалаи баргузории намози љаноза ва имоматї дар он бањсу мунозирањо рух медињанд ва чунин њолатњо боиси коста гардидани обрўи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофњо миёни шањвандон оварда мерасонанд", бояд мардонавор иќрор шуд ва эътироф њам кард, ки дар њамон мавридњои зикргардида аксаран ё яке аз аъзои доимии Шўрои уламои Маркази исломї, ки њамагї 25 нафарро ташкил медињанд, ё имомон, имомхатибон, сархатибоне, ки мардум онњоро таъйинї меноманду Кумитаи дин мегўяд таъйинї не, балки дар мувофиќа бо ин нињод соњиби вазифа гардидаанд, ба хотири як навъ шуњратталабї, мавќеъёбиву обрў гирифтан ва ё љалби манфиатњое пеш аз дигарон дар љанозањои мардони бонуфўз барои имоматї кардан дар љаноза дар гузашта иќдом кардаанд. Барои ин иддао дањњо факту раќамњоро метавон зикр кард, ки њоло хеле аз онњо дар ќайди њаёт њастанду баъзеашон вафот кардаанд ва ба хотири обрў ва шарафи инсонї аз ироаи

На, аќли солими як мусалмони муътаќид ба мактаби Ањли Суннат ва љамоъат наметавонад онњоро ба хиёнат дар амонат муттањам кунад ва то имрўз ба љузъ равофиз касе љуръати онњоро ба хиёнат муттањам намуданро накардааст.

«

номи аксари онњо худдорї мекунем. Барои њамин ќазияи Љамолиддин Неъматзода, имомхатиби ноњияи Рўдакї- писари Ќорї Амонуллоњи Неъматзода, собиќ Раиси Шўрои уламои Тољикистон дар љанозаи мулло Ќурбоналї дар ноњия Рўдакї ва беэњтиромии ў нисбат ба ворисонаш, ки Маркази исломї ба хотири њимоя аз ў ин ќарорашро содир кард, далели раднопазир аст. Њоло ба њамин монанд метавонад аз як навъ кўшиши худсарона ва айни замон номуфаќќонаи дар хусуси иќдом ба имоматї кардани Њољї Исмоили Пирмуњаммадзода, сархатиби ноњия Њисор дар љанозаи Ќорисуннатулло ва баъзе љанозањои дигар, эшони Сайидљони Сорбонхоља, муовини Раиси Маркази исломии Тољикистон дар Ќурѓонтепаву навоњи наздик ба он аз љумла дар намози љанозаи марњум Домулло Додарљон, писари Домулло Саидрањмон дар ноњияи Вахш, њамчунин дар љанозаи марњум домулло Муњаммадии Њоитї дар ноњияи Ќумсангир ва ѓайра. Инчунин кўшиши номуваффаќонаи Саидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Маркази исломии Тољикистон дар намози љанозаи домулло Муњаммадназар Одинабеков, машњур ба домулло Муњаммаднабии Комсомолободї, январи соли 2013 дар ноњия Рўдакї, ки онро эшон Абдулќуддус хонданд, ва ѓайраро метавон зикр кард, ки ин ќарор ва мувофиќати комил низ як навъ рўпўш кардани ин амалњои каснописанд дар либоси "ќонун" аст. Њамчунин пўшида нест, ки аксари ходимони динии мо то андозае ба муфтхўрї одат кардаанд ва дар айни замон њар кадоме аз афроди зикргардида худашро дар минтаќаи зери нуфузаш шоњ медонад ва таъбашро вазир. Баъзе аз уламои пешин ва низ хеле аз уламои донишманди муосир њам ба ин натиља расидаанд, ки дар ваќти љаноза пайвандону ворисони маййит аз дигарон дида, рўњшикаста ва мусибатзада мебошанду он замон хушўъ ва хузўъашон дар намоз аз дигарон бењтар зиёдтар аст. Ба њамин хотир имоматии шахсе мисли онњо аз имоматии дигаронро бењтар донистаанд. Њоло агар ин мардум љанозаи худро ба њар масљиде, ки баранд, маънои онро дорад, ки аз имоми он масљид розианд ва чун имом, имомхатиб ва сархатиб масъули масљид аст, њаќ дорад тибќи ќонун, оиннома ва ё низомномаи амалкунанди ташкилоти динии худ, дар намози љаноза пеш дарояд ва нагузорад, ки касе дигар љояшро иваз кунад. Аммо агар берун аз масљид намози љаноза баргузор гардад, ворисони маййит ихтиёр доранд, ки бевосита худашон ва марди дил-

хоњеро барои баргузории он таклиф намоянд. Њамзамон ин ќарори Маркази исломиро метавон ба хотири њимояи як гурўњ аз ходимони дин, ки дар хеле мавридњо ворисони фавтидањо, ки бо сабабњои мухталиф намехоњад имоматии љанозаи онњоро анљом бидињанд, гирифта шудааст. Бар илова дар ин ќарор зикр шудааст, ки "тибќи он имоматї дар љаноза дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шўрои уламо вобаста ба сатњи њузур ва маќоми ишѓолкардаашон вогузор карда шавад", ки он њам ба ЌЉТ "дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї" мухолафат мекунад ва њам шариъати волои Ислом њам онро дар ќаламрави кишвавре чун Тољикистони демократї таъйид намекунад. Ин ќарор маънои онро дорад, ки бояд мухолифи ќонунњои амалкунандаи кишар афроди зикр гардида вобаста ба сатњи њузурашон метавонанд берун аз салоњиятњои муќарраршуда дар дохили ташкилотњои динї низ амал кунанд. Рањбарияти Кумитаи дин, ки нињоди зертобеашон ба ин ќарор комилан мувофиќат кардааст, фаромўш намуда, ки дар Тољикистон ба ѓайр аз иттињодияњои динии исломї-њанафї боз њудуди 75 ташкилоти динии ѓайриисломї дорем ва бар иловаи њанафиён низ наздик ба 300 њазор пайровони мазњаби шиъии Исмоълия дорем ва љамоатхонањои эшон њам расман ба ќайд гирифта шудаанду маќоми онњо бо маќоми њамин ташкилотњои динии њанафиён дар назди ќонун баробар аст. Тасаввур кардан хеле сахт, ки бе ягон мамониъат яњудиёну насрониён ва ё пайравони дигар динњо ба Раиси Шўро уламо ва афроди дар ќарор зикр кардаашон иљозат дињанд, ки дар маросими љанозаашон дар ќаламрави Тољикистон фармонравої кунанду онњо хомўшона итоат кунанд. Ба њамин хотир, эњтироман ба низоми ќонунгузории кишвар ва низоми давлатдории он аз Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон, Суди конститутсионии Тољикистон, Суди олии Тољикистон, Прокуратураи генералии Тољикистон хоњиш карда мешавад, ки ба ин ќарори Маркази исломии Тољикистон ва мувофиќати комили Кумитаи дин бањои њуќуќї дода, нагузоранд, ки ба низоми давлатдории амалкунандаи кишвар афроди алоњидае иснод биоранд. Њар чи набошад, њамаи мо мирандаем ва њатто њамчун майит њар яки мо њаќќу њуќуќи худро дорад, ки ба он бояд арљ гузошта шавад. Амруллоњи НИЗОМ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

Президенти мўњтарам ва масъулини нињодњои баландмаќом! Бенатиља мондани мурољиати пайвастаи мо назди маќомоти ќудратии шањр ва вилоят м��ро водор намуд, ки тавасути матбуот ба шумоён мурољиат намоем. Ва умедворем, ки шумоён мўйро аз хамир људо карда метавонед ва њаќро ба њаќдор мерасонед. Чанд сол аст, ки мо як гурўњ сокинони шањри Исфара аз рафтор ва кирдорњои Абдухолиќ Одилов, адвокат, сокини шањри Исфара ва узви Коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд борњо зарари љиддии моддї ва маънавї бардоштаем. Аммо ба мурољиатњои мо касе аз маќомот дар шањри Исфара ва вилояти Суѓд пеши роњи ин гуна рафторњои адвокатро гирифта наметавонад. То ин љониб аз роњбари колегияи адвокатњои шањри Хуљанд А. Њасанов то маќомоти ќудратї борњо шифоњиву хаттї мурољиат намудем, вале касе ба доди мо намерасад. Њол он, ки А. Њасанов ба сифати раиси колегияи адвакатњои шањри Хуљанд метавонист А. Одилов -ро аз вазифааш сабукдўш намуда ва барои ислоњи кирдорњои ин кормандаш ба маќомотњои ќудратї пешнињод мекард. Чизи дигар ин, ки худи А. Њасанов, раиси Коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд љињати поймол шудани њуќуќи сокинон, ки аз тарафи А. Одилов содир шудааст, мурољиати моро солњо кашол дода ва барои рўйпўш намудани кирдорњои адвокат ба мо посухи амиќ пешнињод намекард. Дар ин њол мо њам њайронем, ки чаро дар давлати соњибистиќлол мурољиати шањрвандонаш назди масъулин бе њаракат мемонанд ва рафтори адвокат А. Одилов, ки замини моро худ кашида гирифтааст, манзили моро ќасдан ба нафари дигар вогузор кардааст, зарари љиддии моддї ва маънавї расонидааст,, аммо њанўз маќомот дар ин њолатњо кор намебаранд ва нисбати ин адвокати фиребгар чора намеандешанд? Дуруст аст, ки вазифаи адвокат расонидани ёрии њуќуќї ва бо роњи ќонунї њимоя намудани зерњимояаш дар суд мебошад. Аммо Одилов ба сифати адвокат аз зерњимояњояш маълумот љамъ намуда, ба хотири ќонеъ гардонидани нафси худ ва љустани манфиати муфт бар муќобили онњо, яъне мо, ариза навишта ва ба моликияти мо дастдарозї намудааст. Инак, њолатњоеро, ки А. Одилов моро ба сарсонињо дучор намудааст, бароятон як ба як њар кадом ќисса мекунем:

Муќим Бобољонов: "Суд њам дарк кард…" - Ман Муќим Бобољонов, сокини 78 - солаи љамоати Навгилем мебошам. Одилов панљ сол њимоятгари ман буд. Баъд аз панљ сол њамкории ман ба ў ќатъ гардид. Дар давоми панљ соли корї, агар нуњ маротиба ариза навиштаст, ки шартнома миёни мо ва ў вуљуд надошт, вале ман маблаѓашро пардохт мекардам. Лекин пас аз ќатъ гардидани њамкориамон бо Одилов ў муќобили ман гузашта, се маротиба нисбати ман дар суд аризаи шикоятї навишта, бењуда сарсону саргардон кард. Манзили аз падарам ба модарам ва аз модарам ба ман меросмондаро гўё, ки он 2, 3 сотих барзиёд нишон дода шудааст, бо гирифтани имзоњои ќалбакї бо тарафи даъвогарони ман ќасди гирифтан кард. Ман одами солхўрдаам ва аз баландии фишор ранљ мебарам. Одилов бо ин њол маро ба судбозињо андохт. Тарафи муќобили ман гўё 11 нафар њамсояњои мананд, ки имзоњои ќалбакии онњоро худи. Одилов дар ариза љамъ

ФАРЁДИ ИСФАРАГИЊО Ба таваљљўњи Президент Эмомалї Рањмон, Прокурори генералї Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ Абдуфаттоњи Ѓойиб, вазири адлияи ЉТ - Рустам Менглиев

"Адолат" - и Одилов Чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад? намуда, ба суд пешнињод кардааст. Њол он, ки хона ба ман тааллуќ дорад ва аз модарам ба ман мерос мондааст. Танњо дар ќарори Раиси шањр хона ба љои исми Муќим Бобољонов, номи рањматии падарам, ки Иброњим Бобољонов мебошанд, оварда шудааст. Ана, ин чизро вай дар замони адвокати ман буданаш истифода бурда маро ба судбозињо андохт. Хушбахтона, суд њам дарк кард, ки кї њаќ аст, ба фоидаи ман ќарори адолатона баровард. Вале А. Одилов бо чунин кирдорњояш барои ман зарари моддї ва маънавї расонд.

Шарифљон Исмоилов: "Хонаамро аз худ кард" - Ман Шарифљон Исмоилов, сокини шањри Исфара њастам ва аз пушти муњољират зиндагиамро пеш мебарам. Панљ сол пеш - соли 2009 бањси судї сари замине, ки барои истифода гирифта будам, шурўъ шуд. А. Одилов њамчун адвокат ба ман маслињат ме-

«

Ба панљ оила 12 гектори он таќсим карда шуд ва 70 сотих ба њиссаи ман даромад, ки њоло аз он 50 сотих мондааст. Дар моњи декабри соли 1993 90 сотих заминро ба ќувваи корї ва харљи худ њамвор намудам. Соли 1996 бо фармони Н. Шамсиддинов, раиси кооператив ду бошишгоњ сохтам. Соли 2002 баъд аз 13 соли ранљу мењнат Н. Шамсиддинов маро аз он љо ронданї шуд.

«

дод. Барои маслињатњои њуќуќиаш ман ба ў тахта ва дигар мањсулоти сохтмонї ва њам пул медодам. Инро шоњидон низ тасдиќ мекунанд. Он замон ман дар манзиле, ки ба номи Рустам Толмасов буд ва марњум барои истифодаи минбаъдаи ман забонхат дода буд, корњои сохтмониро оѓоз намуда будам. Дар њолати зарурї метавонам забонхати Толмасовро пешнињод намоям. Барои њуљљатгузорї кардани он ман аз адвокат А. Одилов маслињат пурсидам, ки инро чї гуна ќонунї гардонидан мумкин, зеро Р. Толмасов аллакай вафот кардааст? Адвокат аз њамин ваќт мефањмад, ки вай одам дар њаќиќат вафот кардаасту манзили нотамом бесоњиб мондааст ва тибќи забонхат бояд минбаъд истифодаи он ба ман гузарад, ба љои додани маслињати њуќуќї дар фикри чї гуна аз худ кардани он манзил шудааст. Аз сабабе, ки ман дониши њуќуќї надорам, А. Одилов аз ваколати худ истифода бурда, бо маќсади ѓаразнок њамаи њуљљатњои аслиро барои ќоунунигардонї аз ман гирифт. Он ваќт барои ќонунї шудани кор "ба номи келинам мегузаронем" - гуфт адвокат. Заминро дар назди шоњидон ба ман вогузор намуда, мегуфт, ки ту дар он сохтмон кардан гир ва баъди ба номи Одилова Шањло, њамсари фарзандаш гузаштани замин дар он сурат дубора онро ба номи ман мегузаронад. Аммо дар андак ваќт худаш њамчун даъвогар маро ба суд љеѓ зада, даъво кард, ки заминамро баргардон, вай ба номи ту њуљљатгузорї карда нашудааст! Охир, Шумо дар назди З. Амакљонов инро ваъда карда будед ку? Хулоса, бо роњи фиреб манзили сохтмонаш нотамоми маро њам тавассути судя А. Давронов аз худ кард ва њам заминеро, ки мегуфт, ман сохтмонро идома дињам. Манзиле, ки аз Толмасов ба ман бояд гузарад, ба номи келинаш кард ва замини худашро њам баъди обод кардани корњои сохтмонии ман пурра ба номи худ гузаронид. Оиди ин ќаллобињои ў борњо ба маќомоти прокуратура мурољиат намудам, вале мегуфтанд, ки ба суд мурољиат намоям.

Сатторхон Нарзуллоев: "Намонд, ки дар мурофиа иштирок кунам" - Ман Нарзуллоев Сатторхон, сокини шањри Исфара мебошам. Дар соли 1989 ба кооперативи "Вахта-2" бо гирифтани њудуди 150 гектор замин ба фаъолият сар кардам. Дар он панљ оила даъват шуда буданд, ки яке аз онњо оилаи ман буд. Ба панљ оила 12 гектори он таќсим карда шуд ва 70 сотих ба њиссаи ман даромад, ки њоло аз он 50 сотих мондааст. Дар моњи декабри соли 1993 90 сотих заминро ба ќувваи корї ва харљи худ њамвор намудам. Соли 1996 бо фармони Н. Шамсиддинов, раиси кооператив ду бошишгоњ сохтам. Соли 2002 баъд аз 13 соли ранљу мењнат Н. Шамсиддинов маро аз он љо ронданї шуд. Маълум шуд, заминеро, ки дар он ман 13 сол бо аъзои оилаам мењнат карда, обод намудам, пинњонї фурўхтааст. Аз соли 1995 то 2011 кооператив фаъолият намекард. Худи Н. Шамсиддинов њам дар кори кооператив иштирок надошт. Аз 150 га замин 31 га замини кооператив боќї монд, ки дар он 1, 4 га замине, ки соли 2008 - ум бо тавсияи маќомоти прокуратура ќонунї гардонидаам, дохил мешавад. Соли 2011 Шамсиддинов ба суди иќтисодї мурољиат намуда, даъво пеш овард, ки гўё ман заминро худсарона ишѓол кардаам. Он замон адвокати Н. Шамсиддинов - А. Одилов буд. Мурофиањои судї танњо дар рўзи љумъа таъин карда мешуд, зеро ман имоми масљиди љомеаи мадрасаи Абдуллохони Исфара мебошам. Дар рафти суд Н. Шамсиддинов чор маротиба ба ман огоњинома барои тарк намудани замин ироа намудааст. Њол он, ки тибќи ќонуни њисоббаробаркунї ва хулосаи ташхиси мутахассисон бар ивази 23 сол мењнати холисона ва додани 4500 сомонї бољи давлатии додаи ман ва амволе, ки дар замини 1, 4 га мављуд мебошад ва ба кооператив алоќаманд набуд, бояд 216 њазору 900 сомонї пардохт намояд. Дар он сурат ман аз он љо бояд равам. А. Одилов дар аризаи даъвогиаш нисбати ман дар суд навиштааст, ки гўё ман бо кооператив


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

ЊУШДОР БА ОИЛА

- Э, расо хандондед-дия!!

зарари калон расонида бошам. Ин тўњмати рўирости А. Одилов ва Шамсиддинов Н. мебошад, ки дар ариза њардуи онњо муштаракан нигоштаанд. Шамсиддинов Н. ва А. Одилов бидуни иштироки ман ва адвокатам суди сайёр бо роњбарии судя Нуриддинов ва котибаш ва бо њангомаи калон бо иштироки кормандони њукумат ва ташкили видео доир намуд. Онњо дар њудуди замини ман дар назди таљњизоти сангмайдакунаке, ки Аъзам Бобоев сохта истода буд, шаъну шарафи маро паст зада, барои иљрои намози љумъа монеъ шуда, гўё ки ман љинояткор бошам, тасвир кардаанд. Баъди даъвои ман барои рўёнидани зарари моддї ва маънавї ба дасти судя Раљабов суди иќтисодии вилояти Суѓд ворид шуд. Маро тариќи телефон тахмин соатњои 7 - и сањари рўзи 22 июли соли 2013 ба мурофиа даъват кард. Ман, ки он ваќт бемор будам, бо он њам нигоњ накарда, соати 10 ба толори мурофиа њозир шудам, ки дар он љо А. Одилов ва Н. Шамсиддинов мунтазир буданд. Ба ќайдгузорї тањти № 29 хостам, ки ба судя аз омаданам хабар дињам, вале ба ман иљоза надоданд. То соати 12 - и он рўз мо мунтазир шудем, аммо касе моро намепурсид. Аммо соати 13 ба назди Судя Раљабов даромадам. Судя гуфт, ки аз сабаби њозир нашудани ��умо, мо даъвои Шуморо бе баррасї гузоштем. Ин љо маълум аст, ки дидаву дониста ба чашми судя хок пошида, корро ба ин дараља расониданд. Баъд аз ин њол мо ба Суди Олии иќтисоди ариза пешнињод намудем ва суд даъвои моро барќарор кард. А. Одилов бо Шамсиддинов Н. ва дигар шахсони номаълум ба замини мењнаткардаи ман омада, барои рафтанам тањдид намуд. Хуб, агар мо заминро холї кунем, њаќќи зањмати 24 - солаи моро кї медињад? Одилови адвокат ва Шамсиддинови раис? Дар њоле, ки замине, ки мо боѓ кардем, аслан санглох буд ва сабз намудани нињолњо хеле душвор аст.

Исроил Умаров: "Хоњарамро ба ман љанг андохт" - Ман Умаров Исроил, духтури ёрии таъљилии шањри Исфара њастам.

Бањси судии мо сари манзил аз соли 2009 сар шуд. А. Одилов ёздањ маротиба њокимияти судиро бо пешнињоди њуљљатњои сохта, ба иштибоњ дучор намудааст. Дар соли 2010 њатто бе иштироки ман ба суди шањри Исфара њуљљат оиди манзили бањсии мо пешнињод намудааст. Аз сабаби он, ки чор маротиба суди шањри Исфара њалномањои ѓайриконунї бароварда буд, њамаи онро дар марњилаи суди касатсионї ва назоратї бекор намудаам. А. Одилов нињоят бе иштироки ман манзилњое, ки њамроњии фарзандонам бо мењнати њалоли худ бунёд кардаем, бо номи хоњарам О. Умарова гузаронд. Маълум, ки ў ин корро барои ба даст овардани манфиати муфт ва бо роњи фиреб гузаронидааст. Агар не, ў хуб медонад, ки хонањо ба ман тааллуќ доранд, на ба каси дигар. Ў бо ин кирдорњояш муносибати ману хоњарамро вайрон кард. Ба хоњарам О. Умарова фањмонида будам, ки бигзор ба як ќисми хонаи ман зиндагї намояд. Вай розї шуд, вале баъд аз чанд ваќт омада мегўяд, ки адвокаташ А. Одилов мегўяд, ки њаќќи ту бештар аст ва ман онро рўёнида медињам. А. Одилов дар ин кор меъёрњои оддитарини ахлоќи касбии худро вайрон намудааст. Мутаассифона, бар асари ин рафторњои ў зарари моддї ва маънавии калон бардоштаам.

Юнусбой Ахмедов "Пулро гирифт, вале дар суд иштирок накард" - Ман Ахмедов Юнусбой сокини 74 солаи шањри Исфара мебошам. А. Одилов дар як бањси суди дар соли 2011 адвокати ман буд. Ман бо ў шартнома баста ва љамъан њазор сомонї барояш пул дода будам. Аммо дар рўзи суд А. Одилов бањонае пеш оварда иштирок накард. Дар рўзи суд ман якчанд маротиба ба наздаш даромада хоњиш намудам, ки дар мурофия иштирок намояд ва њуќуќ ва манфиятњои маро мувофиќи шартномаамон њимоя намояд, вале дар рўзи суд гуфт, ки дигар дар му-

«

Баъд аз ин њол мо ба суди олии иќтисоди ариза пешнињод намудем ва суд даъвои моро барќарор кард. А. Одилов бо Шамсиддинов Н. ва дигар шахсони номаълум ба замини мењнаткардаи ман омада, барои рафтанам тањдид намуд. Хуб, агар мо заминро холї кунем, њаќќи зањмати 24 - солаи моро кї медињад? Одилови адвокат ва Шамсиддинови раис?

«

рофия иштирок намекунад. Ин кори ў бар зарари ман дар суд анљомид. Зеро бародарам пеш аз маргаш ба номи ман васиятнома оиди хонаи худ дода буд. Аз бемасъулиятии А. Одилов дар назди ќонун ман то њол ман азоби моддї ва маънавї мекашам. Бинобар ин мехостам адвокат А. Одилов барои бемасъулиятї нисбат ба вазифа, назди ќонун ыавоб гўяд.

Баширахон Эшонова: "Ќонун барои мо хамиртурўш…" - Ман Эшонова Баширахон, як сокини нафаќахури Исфара њастам. Соли 2009 моњи март барои гирифтани хона ба Фотима Бердиева 14 њазор доллари амрикої маблаѓ додаам. Ў хонаро ба ман нишон дод ва ман њуљљати хонаро талаб кардам. Ду њуљљатро овард, ки дар асл ба номи ў таалуќ надоштаанд. Дар њузури шоњидон њуљљати хонае, ки ба номи ў буд, ба ман дод. Ман санаи 12 сен-

11

тябри соли 2009 барои њуљљатгузори намудани хона ба суди њакамї мурољиат намудам. Созишномаи сулњомез санаи 28 - уми октябри 2009 ба иљро расид. Баъдан фањмидам, ки дар ин хонае, ки то њол њуљљатгузорї нашудааст, одам зиндагї мекардааст. Маълум шуд, ки ин хона дар рўзи 8 - уми августи соли 2009 миёни Мамадова Д. ва Бердиева Ф. шартномаи харидуфурўш баста шудааст. Аз он, ки њуљљат дар дасти ман буд, ман ба суди шањри Исфара мурољиат намудам. Бердиева Ф. ба хонаи ман рафта мегуфт, ки њуљљатро дињам бароям хонаи дигарро пешнињод мекунад. Ман гуфтам, ки маблаѓи маро баргардон, ман њуљљатњои хонаро ба ту медињам. Аммо вай пулро барнагардонд ва ман њам њуљљатњоро барнагардонидам. Одилов А., ки адвокати Файзиева Д. буд, таъиноти суди њакамиро ѓайриќонунї хонд. Њол он, ки суди њакамї тибќи ќонун амал менамояд ва фаъолияташро президент тасдиќ намудааст. Аз миён 7 моњ сипарї шуд ва баъдан фањмидам, ки Бердиева Ф. суд шуда ва тибќи кирдорњои ќаллобонааш њукм гирифт. Он ваќт ман созишномаи сулњомез, забонхатњо ва таъиноти суди њакамиро ба суди шањри Исфара пешнињод намудам, вале судя Музаффарова М. инњоро ба инобат нагирифт. Вале баъдан ман ба коллегияи суди вилояти Суѓд мурољиат намудам, ки оиди хориљ намудан аз манзили истиќоматї Файзиеваро ба фоида ман њал намуд. Њалнома дар суди шањри Исфара ќувваи ќонунї гирифт. Лекин 28 июни соли 2012 А. Одилов бо аризаи беасос ва бардурўги худ аз номи Ќодиров М. ба прокуратура пешнињод мекунад, ки гўё ман љинояткор бошам ва нисбати ман чораи ќонунї андешида шавад. А. Одилов бо рафторњои ѓайриќонуниаш ва аризањои бардурўѓи худ њатто маќомоти прокуратураро низ ба иштибоњ андохта, муњлати иљрои берункунии манзилро ба кашолкорї меандозад. Дар њоле, ки аризаи худи истиќоматкунандаи хона њаст, Файзиева Д. мављуд мебошад, ки то санаи 24 уми майи соли 2012 хонаро холї мекунад. Санаи 8 - уми июни соли 2012 аз тарафи судиљрочиёни Исфара хонаи истиќоматї аз Файзиева Д. холи карда шуд. Ваќте, ки бо А. Одилов њамсўњбат шуда ва пурсидам, ки чаро таъиноти суди њакамї мавриди амал тадбиќ намешавад, ў гуфт, ки "Конун барои мо хамиртуруш, њарчи хоњем мекунем!" Воќеан чаро ќонун барои баъзењо чора намеандешад? Ва ё ќонун дар Исфара чаро барои баъзењо ќурб надорад? Агар чунин тавр нест, чаро адвокат А. Одилов бо ин амалњояш ки на як ман, балки чандин нафарро бо хотири ба даст овардани манфиат фиреб намудааст љазо намебинад? Мўњтарам Президенти мўњтарам ва масъулини нињодњои баландмаќом! Тавре худ фањмидед, мо ќурбонии иштибоњандозињо ва рафтори ѓайриќонунии як адвокат шудаем. Аз шумоён умедворона хоњиш мекунем, ки як гурўњи махсуси тафтишотї нисбати ќазияи созмон дињед, то кирдорњои А. Одиловро мувофиќи ќонун санљад ва њаќ ба њаќдор расад. Бо эњтиром: Бобољонов Муќимљон, Эшонова Баширахон, Умаров Исроил, Нарзуллоев Сатторхон, Исмоилов Шарифљон, Ахмедов Юнусбой, сокинони шањри Исфара


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

БО ШОИР Толиб Луќмон 24 сол дорад. Соли 2012 факултаи журналистикаи ДМТ-ро хатм кардааст. Аввалин маљмўаи шеърњояш бо номи "Сафар ба сўи тулўъ" соли 2011 ба нашр расидааст. Аз соли 2012 узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон мебошад.Толиби Луќмон айни њол ба њайси хабарнигор дар нашрияи "Минбари халќ" кор мекунад.

ТОЛИБ ЛУЌМОН Лек њайфо, рўфтан натвонад ў Гарду чирки кўчаи солуси шањр. Бо чї љорўбе тавонад тоза кард Гардњои домани номуси шањр?! ДАР РАЊГУЗОРИ СУБЊ Дарњо тамом баста, парњо њама шикаста, Марде ба љодањо нест, мурѓе ба шохањо нест. Дар кўчањои сокит гулбонги ошно нест. Бањри пазираи субњ њатто дарича во нест. Аз мухлисони Хуршед толори субњ холист…

КИТОБФУРЎШ Малўлу сархаму хаста, Канори љода нишаста, Зи тирахонаи чашмони рањгузар љўяд Шарораи шавќе Нигоњи хаставу пурњасрати китобфурўш. Зимоми зиндагии ў ба дасти хомўшист. Валек з-он тарафи кўча мерасад бар гўш Садои ќањ-ќањи мастонаи шаробфурўш. АЗ ЗАБОНИ ЉЎЙБОРОН Модарам шоиртар аз њар шоири дунёст, Гарчи имлоро намедонад, Аз арўзу ќофия гарчи вуќуфаш нест, Лек ў вазни Заминро хуб медонад, Дардњои одаминро хуб медонад. Шеъри ў саршор аз њулбўву райњон аст, Шеъри ў саршор аз роињаи нон аст. Шеъри ў саршор аз андўњи Инсон аст. Маззаи шеъраш мисоли маззаи нону фатири ўст, Балки шеъри ў њамон нони башири ўст. Кулчањои шеърњояш дар танўри зиндагї пухта. Дар каломаш савти гарми кафтарон љорист, Гиряњову хандаи гулдухтарон љорист. Дарду армони тамоми модарон љорист. Шеъри ў чун рањхате бар шањри саршорист, Пайки бедорист. ШЕЪРИ ЎРО МЕТАВОН БИШНИД Аз забони гулпаракњо, Аз забони љўйборон, Аз забони боду борон. Метавон хонд Дар баёзи сабзазорон, Дар баёзи навбањорон. Дар баёзи сўзании хонаи навхонадорон. Эй аљаб, бо ин њама девони ашъор Ў намедонад, ки шоиртар зи шоирњои дунёст. МАСТ Бехуд ў дар гўшае хобидааст, Остинафшон ба бедории мо. Аз фарози ќуллаи мастии худ Талх механдад ба њушёрии мо. ИСТГОЊ Мо њама дар кўчањои тангу тор афтодаем, Њеч кас бар мо нагўяд шоњроњи мо куљост. Чашмбаста меравем аз пушти дунё бошитоб, Кас намегўяд валекин истгоњи мо куљост. КЎЧАРЎБ Кўчарўбе бомдодон бо њавас Пок рўбад кўчањои шањрро. В-аз сари њар шохаи љорўби ў Дар сукути љодањо резад садо.

ХИЁБОНИ ИНСОФ Дар кўчањои шањр чї сарсонам, Хиёбони Инсофро намеёбам. Аз њар ки мепурсам, ба ханда мегўяд: "Пайдост, ки нав омадаї. Дар шањр ба ин ном Хиёбоне нест". КАС НАДОРАД ФУРСАТ… Кас надорад фурсат Ба чашми сагчаи жўлидаи канори роњ Фурўѓи маърифати Зулљалолро бинад. Ба рўйи барги хазондидаи тањи пояш Љамолро бинад. Кас надорад фурсат, Ки дасти дўстї аз кисааш бурун орад. Даруни кисаи ёрон салом зиндонист. Даруни мањкамаи сангбастаи кина Эњтиром зиндонист. Кас надорад фурсат, Ки резад об ба пойи нињоли зебої. Ва лањзае чинад Резанони иззатро Зи зери кафши разолат. Кас надорад фурсат, Ки бањри чўљаи тан��ои зери боронњо, Ки ў мубашшири оѓозу субњи парвоз аст, Зи шоху баргу гили мењр лонае созад. …Кас надорад фурсат. ШОИР Барањнапо, барањнадил Зи рўйи шишарезаи замон хазида мегузашт. Ва баргњои ишќу орзуву мењрро, Ки зери кафши оњанини аср Поймол гаштаанд, Чида-чида мегузашт. АЛОМАТИ САВОЛ Ба худ мегуфт дишаб пирмарде: "Асои дасти ман дар роњ фарсуд. Вале афсўс, ки пайдо накардам Љавобе бар саволи ќомати худ". БОЙЧЕЧАК Кўдаке шодкому хандонрў Бойчечак ба даст меомад. Бањри табрики мардумон бо шавќ Сабзу пуршўру маст меомад.

Љодањоро касе намепаймуд Љуз насими ѓарибу овора. Навбањори шукуфтарў ангор Буд њайрону лолу бечора. Дар хиёбони холию хомўш Пар намезад садои шайдое. Аз даре бар назар наметобид Як нигоњи бањорпаймое. Кўдаки ноумед њам баргашт, Бойчечак зи дасти ў афтод. Дар лабони шукуфтааш ях баст Вожаи тозаи "муборакбод". Оњ эй шањре, ки девори туро ороста Суратакњои сиёњу хушку пуртазвири ту. Кўњнаву фарсуда гашта, гард баста ин замон Дар миёни чорчўби хотира тасвири ту. Меравам, дар њалќаи ноошноињои ту Њасрати бегонагии ман намеѓунљад дигар. Меравам берун зи маљлисгоњи танги оќилон-т, К-андар он девонагии ман намеѓунљад дигар. АСРИ СИЯЊМАСТ Оњ аз ин асри сияњмаст, ки помол кунад Сабзазори дилу гулзори мубарроиро. Гул гузорад ба лаљанзору тамошо бикунад Ќањ-ќање хушк зада мурдани раъноиро. Мефишорад тањи по беѓаму лоќайдона Охирин барги хазонгаштаи зебоиро. Оњ, тарсам, ки зи кибрити ѓамам тарконам Хомушистони малоловари танњоиро. ЃАЗАЛ Нола дорад духтари ѓамгини борон, гўш кун, Мекунад тафсири чашми интизорон, гўш кун. Бо ќаламмўйи тараш тарњи људої мекашад Рўи лавњи шишањои рањгузорон, гўш кун. Аз лабони барги захмини фитода зери по Шарњи њолу саргузашти дўстдорон гўш кун. Охирин мурѓе, ки бовар мекунад бар фатњи Ишќ, Монда танњову њазин дар шохсорон, гўш кун. Аз њавои шањри хуршедии ман дигар мапурс, Чор фасл ин љо њама абр асту борон, гўш кун. Ман ба имони дарахте офарин хонам, ки боз Сабз дорад дар дил уммеди бањорон, гўш кун. Нола дорад духтари ѓамгини борон, гўш кун… ЉЎБОРИ КЎДАКЇ Эй њамравону њамдилу эй ёри кўдакї, Эй зиндадори хотира, љўбори кўдакї. Боз омадам ба сўйи ту аз дашти интизор, Муштоќу зору ташнаи дидори кўдакї. Боз омадам, ки рўњу диламро дар оби ту Аз гардњои њодиса поку барї кунам. Як дам ба ќасди он њама мурдобтинатон Омехта ба мављи ту шўрофарї кунам. Эй муршиди тариќати покї, ќасам, ки ман Як лањза аз хати ту бурун по намондаам. Тазмини шеърњои равони ту будааст, Гар шеъраке ба мањфили ёди ту хондаам.

Кўчањоро вале тињї дарёфт Аз њузури мунаввари мардум. Гўйї Наврўзи тозамаќдам њам Монда буд музтарибу сардаргум.

Ѓамхонаи хамўшии холию тираро Оњанги дилнавози ту саршор мекунад. Бар њар куљо ки меравам, аз хоби ѓафлатам Гулбонги шилдироси ту бедор мекунад.

Бехабар буд ў, ки ин мардум Гўшагири сарои хилват буд. Дар ќиёми бањорљўшињо Дар яхистони тори ѓафлат буд.

Тимсоли бегуноњии ман-кўдакии ман То љовидон дар ойинаи ту мусаввар аст. Љорї шудї чу хун ба саропои ман дигар, Гулмоњиёни ёди ту дар ман шиновар аст.


ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

13

Ричард Нелсон Фрай, эроншиноси амрикої, профессори донишгоњи Гарвард ва доктори ифтихории Донишгоњи миллии Тољикистон дар синни 94солагї аз олам даргузашт. Шефтагони таъриху фарњанги яке аз ќадимитарин бошандагони Сайёра-форсњо, ки бидуни шак ба олами тамаддун шахсиятњои маъруф додаву њазорњо кашфиёту пажуњишашон бойгонии тамаддуни башариро ѓанї гардонидааст, кам нестанд. Яке аз инњо Ричард Никсон Фрай, донишманди маъруф ва шарќшиноси варзидаи армикої буд, ки дар синни 94солагї бар сари беморї аз олам даргузашт. Марњум аз љумлаи камтарин шарќшиносоне буд, ки муњаббати самимї ба Эронзамину забонњои форсї дошт ва њатто мегуфт баъди мурдан ўро "канори Зояндаруд ва Исфањон дафн" кунанд. Ќалбе аз тапиш монд, ки умре барои Эрону эрониён, забони форсиву тољикї ва тамаддуни волои он метапид, садњо маќолаву гузориш ва китобњои ў бидуни шак вориди ганљинаи бебањои тамаддуни башарї шудаанд. Муруре ба зиндагиномаи ў ин воќеъиятро пеши чашмњо рушан мекунад, ки Фрай тўли ин умри наздик ба садсолаи худ бештар аз дигарон забони шарќиёнро омўхтааст. Гоњ шефтаи забони форсї шудаву онро аз бар кардааст ва гоњи дигар туркњо ва арманињои ин минтаќаро мавриди пажуњишу омўзиш ќарор додааст. Ва дар омўзишу пажуњиши њамаи ин забонњо комёб будааст. Вале то охири умр шефтаи забони ноби форсї ва фарњанги боѓановати он мондааст.

Ибтидои роњ Ричард Нилсон Фрай 27 марти соли 1920 дар шањри Бирмингеми иёлати Алабамаи ИМА ба дунё омадааст, вале дар шањри Малмёи Шветсия ба воя расидааст. Соли 1938 ба донишгоњи Пристон дохил шудааст. Унвони бакалаврро дар донишгоњи Иллинойс оид ба фалсафа ва таърих дарёфт кардааст. Сар аз соли 1941 дар Мактаби тањќиќоти Шарќ ва Африќо дар назди Донишгоњи Лондан ба омўзиши забонњои арабї, форсї ва туркї шурўъ кардааст. Соли 1946 дар донишгоњи Гарвард рисолаи доктории худро дар бораи "Таърихи Наршахї" њимоя кардааст. Аз охири солњои 50 бештар ба фаъолияти педагогї пардохтааст. Солњои 1958-1959 дар донишгоњи Гарвард ва Франкфурт, муддати ду соли дигар дар донишгоњи Гамбург омўзгорї кардааст. Фрай баъди он ки донист, ки дар Осиёи Марказї кишваре бо номи Тољикистон вуљуд дораду сокинонаш форсзабонанд, алоќамандї пайдо кард ва аввали солњои 90 ба Душанбе омад. Вай солњои 1990-1992 дар Донишгоњи давлатии Тољикистон кор кард ва омўзишњои забонии худро такмил дод, ба донишљуёну унвонљўён дарс дод. Аз он солњо то охирин дами умр доктори ифтихории Донишгоњи миллии Тољикистон буд.

"Барои ў аз Халиљи Форс то Чин њама ќаламрави Эрон буд..." Сафарбеки Солењ, коргардони маъруфи тољик дар њошияи хабари марги бармањали

САИДМУЊАММАД ЊОТАМЇ, ПРЕЗИДЕНТИ ВАЌТИ ЭРОН БО РИЧАРД ФРАЙ ВА ЊАМСАРАШ

''Ман барои СРУ, Ѓафуров барои КГБ…'' ин донишманди шинохта дар сањифаи худ дар Фейсбук хотиротеро овардааст: "Барои ширкат дар як симпозиуме бахшида ба Бобољон Ѓафуров ба Душанбе омада буд, љомадонаш дар парвози Маскав гум шуд. Як муддат њамроњи мо гузаронд. Рафтем аз фурушгоњи марказї (СУМ) барояш сару либоси нав харидем. Ман, ки ошиќи таълифоти ишону Мэри Бойс (эроншиноси британиёї) будам, њаддалимкон аз њузурашон истифода кардам. Китоби ''Мероси Эрон''ро бо соядасташ такдим намуд. Як њарфи љолиби ишон ёдам аст. Мегуфт як замоне дар Хинд дар як ваќт бо Бобољон Ѓафуров кор мекарданд. Пурсидам, ки аслан ба чї кор машѓул будед, посух дод: ''Ман барои СРУ, Ѓафуров барои КГБ иттилоъ љамъ мекардем''. Марњум саршор аз дониши Эронзамин буд. Барои ў аз Халиљи Форс то Чин њама ќаламрави Эрон мањсуб мешуд. Худо биёмурзад". Ќодиршои Мурувват, журналисти тољики муќими Бишкек низ аз солњои будубоши профессор Ричард Фрай дар Тољикистон ёд меорад ва мегўяд: "Дар ТВ Тољикистон (њанўз Тољикистони замони Шўравї) суњбатњои ин марди донишмандро шунида будам, ки саропо ошиќу шефтаи фарњангу тамаддун ва забони тољикї-форсї буд. Кош мо ворисони ин фарњанг ба андозаи як чанд дар сади Ричард Фрай ба ин тамадуну фарњанги бузург ишќ варзида ва аз он ба суди миллат истифода менамудем. Равонаш шод бод ин хирадманди ќарни навинро"!

МАЊМУДИ АЊМАДИНАЖОД БА ПРОФЕССОР ФРАЙ ЊАВЛИИ ЗЕБОЕ ТАЌДИМ КАРД

"Аз даст додани устод Фрай мусибати бузурге барои эроншиносист…" Ричард Фрай аз соли 1970 то 1975 директори пажуњишгоњи Осиё дар донишгоњи шањри Шерози Эрон будааст. Дар шањри Балмонти штати Массачусетси Амрико соли 1959 Ассосиатсияи миллии тањќиќоти арманиро асос гузоштааст. Таъсискунандаи кафедраи пажуњишњои эронї дар донишгоњи Колумбия ва се кафедра: Маркази пажуњишњои Ховари Миёна (1949), кафедраи эронии ба номи Оќохон (1956) ва кафедраи пажуњишњои њинду покистонии ба номи Озай Дурронї (1964) дар донигоњи Гарвард мебошад. Ричард Фрайро њамчунин поягузори Пажуњишгоњи байналмилалии ЮНЕСКО дар шањри Самарќанд медонанд. Дар бораи њаёти хонаводагии олими маъруф сарчашмањои хабарї хеле маълумоти кам додаанд. Дар Википедия аз ин боб танњо он нукта ёдрас мешавад, ки бо Эден Набї, профессор ва омўзгори донишгоњи Колумбия издивољ карда будааст. Ва ин манбаъ низ дар бораи фарзандон ва шуѓли онњо маълумот надодааст. Ў ба забонњои форсї, арабї, русї, олмонї, фаронсавї, пашту, ўзбакї, арманї ва туркї озодона њарф мезад ва аз њама муњим, бо забонњои авастої, пањлавї ва суѓдї ошноии комил дошт ва чандин маќолањои љолибу хондание дар ин замина иншо кардааст, хонандагони инглисзабони оламро аз таърих ва вижагињои ин ду забони дар айни замон хориљ аз истифода огоњ сохтааст. Олими шинохтаи тољики муќими Олматї, доктор Сафар Абдуллоњ мегўяд: "Устод Ричард Фрай аз бузургтарин эроншиносони љањон буд ва фуќдони ў барои эроншиносї дар љањон љуброннопазир аст. Ман дар њамин ваќту фазое, ки ба сар мебарем, баъд аз марги устод Дж. Ниёлї, ки соле пеш дорї фониро бидруд гуфта буд, аз даст додани устод Ричард Фрайро мусибати бузурге барои эроншиносї (яъне тољикшиносї!)медонам. Бисёре аз китобњои устод Ричард Фрай, китобњои руйимизии мананд, аз љумла, "Мероси Эрон", "Бухоро" ва ѓ. Устод аз он бузургоне буд, ки аз баракати дониши фарохе, ки аз таъриху фарњанги аќвоми эронї дошт, ба аќвоми мо бисёр муњаббат дошт. Ў аз камтарин олимони бузурги Амрикост, ки илмро бо сиёсат омезиш надод ва орзў дошт, ки дар Исфањон бимирад. Ман ин мусибати бузургро барои њамаи касоне, ки ба таъриху фарњангу ойинњои миллии мо, бетавофут нестанд, дареѓ мегўям ва аз Эзади доно ва тавоно таманно дорам, ки устод Ричард Фрайро дар бињишт љой бидињад". Донишманд ва пажуњишгари мазњабии тољик Сайидюнуси Истаравшанї дар маќолае, ки ахиран дар торнамои хусусии худ "Кимиёи

саодат" ба муносибати даргузашти ин шахсияти барљаста интишор додааст, аз љумла менависад: "Аз миёни муњимтарин маќолоти вай дар заминаи тамаддуни Эрон, метавон ба се маќола ишора кард: маќолаи "Фарри киёнї дар Эрони бостон" дар бораи шоњони Эрони бостон ва маќолаи кўтоње, ки дар он бо истинод бар наќќошии Љеймс Мурир (James Morier) аз вайронаеро, ки пиндошта мешуд, оташкадаи Бишопур буда, собит кард, ин бино дорои саќф будааст ва оташкадаи рўбоз набудааст. Дар ин наќќошї дар болои деворњои бино панљарањое вуљуд дошт, ки акнун боќї намондааст. Ва дар маќолаи дигаре, ки "Сангнабиштаи оромии гўри Куруш" ном дошт, Фрой бо баррасии талошњои пешин барои хондани ин катиба, исбот кард, ки ин матне аст ба забони порсии бостон ва хатти оромї, ки ба фармони яке аз охирин подшоњони Њахоманишї тањия шудааст". Вале аз миёни њама таълифони олими баруманд китоби "Мероси Эрон"-и ўро арзишманд арзёбї мекунанд. Соли 1972 ин китоб бори аввал бо забони русї дар Маскав чоп шуд. Ричард Фрай дар ин китоби пурарзиш таърихи Эрони бостонро аз замони ќадим то ба асрњои миёна мавриди пажуњиш ќарор додааст.

"Маро дар Зояндаруд ба хок биспоред…" Мегўянд замони наврасї бештар ба мутолиаи достонњои ќањрамонї ва таърихии шарќ саргарм буд ва шояд њамин таъсир буд, ки дилбохтаи забон ва фарњанги форсї гардид. Бино ба наќли њамзамонон ва шањодати њамкоронаш Ричард Фрай забони форсиро пеши доктор Муњаммади Самсор дар донишгоњи Пенсилвония омўхтааст. Ин замоне буд, ки марњум Фрай зери таъсири Алберт Умстид шефтаи мутолеот дар бораи "Тахти Љамшед" шуда буд. Ва дар поён ин маълумотро њам аз навиштаи Сайидюнуси Истаравшанї меорем: "Вай дар 91 солагї ва дар мурдоди 1389 (баробар бо июни соли 2010) ба поси солњо хидмат ба фарњанг ва адаби Эрон, аз сўи Мањмуди Ањмадинажод хонае торихї ва бошукўње дар Исфањон барои зиндагї дар Эрон то оении умарш дарёфт кард. Ў дар васияташ хоста, то пас аз маргаш дар Исфањон ва дар канори рўдхонаи Зояндарўд наздики оромгоњи профессор Ортур Пуп (Arthur Pope), шарќшиноси маъруф ба хок супурда шавад". Аммо то ин лањзањо маълумоте дарёфт нашуда, ки доктор Фрай, ин дўсти бењамто ва ин эроншиноси босадоќат тибќи васияташ ба хок супурда шуд, ё дар Амрико оромиш ёфт.

Бобољони ШАФЕЪ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

ЧЕЊРАИ МИЛЛАТ

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ Бо омадани Зебо Аминзода ба сањнаи раќс миёни њофизон, ки суруди "Раќси зеборо бубин!" месроиданд маъмул шуд. Њоло дар миёни сурудањои аксари сарояндањои Тољикистон метавон ин таронаро пайдо кард, ки њамагї аз кору корномаи Зебо мегўянд. Ин тарона моли шоири шањири тољик Лоиќ Шералї аст, ки таърихи тавлиди ин шеър ба таърихи таъсисёбии ансанбли раќсии "Зебо", дар Тољикистон рос меояд, ки таъсисдињандааш њам Зебо Аминзода аст. Шоири ваќт Лоиќ аз тамошои раќси мавзуни "Зебо" гўё маст шуда ва айни мастї шеъре рўи ќоѓаз омада, ки хеле њамнавову рамзї аз кору корномањои ин бонўи њунари тољик мегўяд: Доманафшон, кокулафшон, Гул ба кокул аз гулафшон. Масти нозу масти сањбо, Чашмњои шуху шањло. Раќси "Зебо", раќси зеборо бубин, Мављи дарё, мављи дарёро бубин. Хандаи гул, оњи бубул сўбњ дам, Шавќи дилњо шавќи дилњоро бубин. Ларзаи зулфони печон, Ларзаи дил, ларзаи љон. Меравад арѓушт зебо, Мезанад ангушт зебо. Раќси "Зебо", раќси зеборо бубин, Мављи дарё, мављи дарёро бубин. Хандаи гул оњи булбул сўбњ дам, Шавќи дилњо шавќи дилњоро бубин. Печутоби сарву ќомат, Мекунад садњо ќиёмат. Аз дили мо ѓам рабояд, Зиндагї ширин намояд. Раќси "Зебо", раќси зеборо бубин, Мављи дарё, мављи дарёро бубин. Хандаи гул, оњи бубул сўбњ дам, Шавќи дилњо шавќи дилњоро бубин.

ЗЕБО АМИНЗОДА То замоне, ки Зебо Аминзода ба майдони раќс биёяд, њанўз 19 сол (1967) дошт. Ў дар озмуни байнулмилаллии раќќосони љавон ва донишљўён, ки дар шањри Софияи Булѓористон баргузор гардид, иштирок карда бо иљрои раќси дилрабояш доваронро ба њайрат гузошт ва медали тиллоро ба худ гирифт. Ин њол минбаъд бар ављи шўњраташ афзуд. Дар соли 1978 бо даъвати Ѓоиб Ќаландаров раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон хонуми Аминзода ба Душанбе пойтахти Тољикистон рафта ва ба таъсис як ансанбл ва ё гурўхї раќсї машѓул мешавад. Њамагї пас аз чанд моњ раќсњои милли, клоссикї, бирмагї, озорбойљонї ва афѓонї, ки гуё њунармандони кишварњое дар ин ансанбл мераќсанд, ба сањна гнузошта мешавад. 19-уми майи соли 1979 барои нахустин бор раќсњои "Зебо" ба намоиш гузошта мешаванд, ки вуљуди иштирокдорону тамошобинонро ба ларзиш овардаву дилњоро тасхир намудааст. То баргузида шудани исм бар ин ансанбл ва ё гурўњи раќсї аз тамоми шањру навоњии кишвар райъ додаанд, ки "Зебо" номи гурўњ шавад, зеро роњбари даста Зебо, раќсњояшон зебо, чењра ва њаракатњояшон низ зебоянд. Билофосила, бидуни бањс гуруњ "Зебо" номида мешавад. "Зебо" дар кучактарин фурсат бо офаридани раќсњои гуногуни мавзунаш дар чашм ва зењни тамошобин маъруфят пайдо кард. Ба вуљудоии раќси "Эй санам" аз сўи ансанбл як бори дигар њунар ва мањоратии љањонии Зебо Аминзодаро собит кард. Ба гуфтаи худи ў то замоне, ки њаракатњои урупоиву миллии тољикї ба њам омезиш кунанд

ва раќси "Эй санам" бар хости ў тањия шавад зањматњое беш кашидааст. Рўи сањна омадани ин он тањаввулоте дар олами раќсро ба вуљуд овард. Юрий Лядов роњбари мусиќии ваќти "Гулшан", оњангеро, ки барои офаридани "Эй санам" дар ихтиёри Аминзода гузошта буд, битамом ба мањорат ва њунарии ин бонўи тољик дар њайрат монд. Барои тамошои ин ва раќсњои дигар гурўхи "Зебо"ро борњо ба кишварњои хориљ назири Њиндустон, Афѓонистон ва Русиёву Љопон даъват менамуданд. Тавре худи Зебо мегўяд, "њаракатњои мувофиќ ва самимї дар раќс шўъре дар зењни тамошобинро ба вуљуд меоварад, ки василаи тарбият ва маърифатхоњї буда метавонад. Мисле, ки мусиќии хуб, филми хуб, асари хуб, инчунин раќси хуб низ инсонро муассир сохта ва тарбият карда метавонад". Зебо Аминзода дарки ин њама, ки раќс њаёти ўст ва ин чиз мисле, ки аз шири модараш бар ў ба мерос гузаштааст. Ойдиной Усмонова (1928-2014) модари Зебо ва Каромат Зокироваи модаркалонаш њарду њунармандони мардумии Тољикистон будаанд. Гўё хонае, ки Зебо дар он ба камол расид театр бо њамин њунармандонаш буд. Дар соли 1993 то замоне, ки ба Маскав равад вазифаи муовини сарвазири Шўрои вазирони Тољикистонро ба ўњда дошт. Он замон дар Маскав шабакаи байналмилалии телевизиони "Мир" таъсис ёфт ва худи Зебо ро ба сифати раиси Шўрои машваратии ин шабака ба кор интихоб намуданд. Ду сол дар ин маќом ифои вазифа кард ва баъдан ба кори дигар гузашт. То соли 2012 Зебо Аминзода њамроњ бо фарзандонаш дар Маскав боќї монд. Аммо аз ин, ки модараш Ойдинов Усмонова бознишаста шуд Зебо хост ќарзи фар-

зандиро ба иљро расонад ва модарашро дар айёми пирї дар Хуљанд танњо нагузорад, балки дар оѓушаш бошад. Ва њамин тавр њам шуд то дами марги модараш Зебо дар оѓушаш буд. Омадни ў дар Хуљандро дўсторони фарњангу њунар дарёфтанд ва масъулияти таъсис додани гурўњи раќсии ба номи "Зебо" дар устони Суѓдро бар души Зебои 64 сола (1948) вогузор намуданд. Ў аз ин ки раќс њаёти ўст дар ин син хоњиши њаводоронашро рад накард, балки дар соли 2012 барои эњёи дастаи раќсиаш дар Хуљанд озмун эълон кард ва њудуди 105 нафар духтароконро гирди њам овард. Њоло гурўњи раќси "Зебо Аминзода"-и вилояти Суѓд таъсис дода шудааст, ки ба тањияи раќсњо машѓул мебошад. Ба вижа раќси "Эй санам" њам бори дигар бо зањматњои Зебо Аминзода рўи сањна падид омад.


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ЧАРО? АЗ ЗАМИН ЧЇ ЌАДАР АНДОЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Ман 80 сотих замини обї дорам. Мувофиќи Кодекси андоз дар тањрири нав бояд чанд сомонї андоз биспорам? Заминњои ноњияи мо мувофиќи андозбандї ба кадом категорияи замин дохил мешавад ва аз он мувофиќи кадом категорияи замин андоз ситонида мешавад? Охун МИРЗОАЛИЕВ, сокини дењаи Сурхкати љамоати дењоти Оббурдони ноњияи Мастчоњ - Мутобиќ ба талаботи ќисми 1 моддаи 273-и Кодекси андоз меъёрњои андози замин дар миќёси вилоятњо ва шањрњо (ноњияњо) бо назардошти минтаќањои кадастрї ва намудњои замин, аз љумла, заминњои мањалњои ањолинишин, заминњои зери љангалзор ва буттазорњои мањалњои ањолинишин ва заминњои истифодаи кишоварзї њар 5 сол бо пешнињоди маќоми ваколатдори давлатї оид ба заминсозї дар мувофиќа бо Кумитаи андоз аз љониби Њукумати ЉТ муќаррар карда мешаванд. Пардохт намудани андози замин вобаста ба истифодабарии он ба се гуруњ људо шадааст, ки меъёрњои он низ аз њамдигар фарќ мекунад. Аз љумла, меъёри андози замин барои минтаќањои кадастрї, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї ва меъёри андози замин дар шањру шањракњо ва ноњияњо. Андозсупоранда вобаста ба самти фаъолият танњо яке аз ин тартиби андозсупориро истифода мебарад.Дар мурољиат ќайд карда нашудааст, ки замини шањрванд ба кадом категория (кишт, дарахтзор (боѓзор), замини наздињавлигї барои сохтмони хонаи истиќоматї) алоќамандї дорад. Аз ин лињ��з пешнињод намудани љавоби асоснок ѓайриимкон мебошад. Дар сомонаи Кумитаи андоз меъёрњои андози замин ва андози ягона (ќисмати "Тавзењот") љойгир карда шудааст, ки андозсупорандагон метавонанд аз он истифода баранд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТОВ, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

НАХОД!

НАХОД ИМОНАМОН ТО ИН ЊАД ЗАИФ БОШАД? - Тайи чанд моњи ахир дар кўчањои шањри Душанбе, хусусан, ноњияи Сино пайравони дини насронии равияи "Шоњидони Яњво" (Свидетели Иеговы) мардумро рўирост ба дини худ даъват мекунанд. Онњо њатто хона ба хона гашта, китоб ва адабиёти динии худро таќсим мекунанд. Оё ин кори онњо аз рўи ќонун мумкин аст ё не? Оё таблиѓотгарони дигар динњо хусусан дини Ислом дар ватани худашон оё хона ба хона гашта, таблиѓи ислом карда метавонанд? Таблиѓотгарони "Шоњидони Яњво" китобњои рангаву бо њар хел акс ороишёфтаи худро, ки бо забонњои русиву тољикї аст ба мардуми соддаи зудбовари мо пешнињод мекунанд. Ба як гуфте идораи асосии пайравони "Шоњидони Яњво" дар мањаллаи Зарафшон љойгир аст. Ман шахсан худам дар мањаллањои 33, 82, 101, 102,112 ва дар Зарафшону Испечак бо пайравони ин шохаи дини насронї рў ба рў шудаам. Дар мањаллаи 33 дар наздикии Раёсати БДА ВКД ЉТ пайравони "Шоњидони Яњво"- ро дидам, ки дар байни мардум динашонро таблиѓ намуда, китобњояшонро маѓоза ба маѓоза гашта таќсим кардан доранд. Њамчунин боре дар мањаллаи 82, ки дар пањлуи росташ бинои ШКД-и дуюми ноњияи Сино ќарор дорад, бо пайравони "Шоњидони Яњво" вохўрдам. Онњо дар ин љо низ мардуми соддаи тољики моро гумроњ карда, динашонро таблиѓу ташвиќ мекарданд. Пас аз ин китобњояшонро таќсим намуда мерафтанд. Боре як нафараш наздам омада пурсид: - Ба Худо бовар дорї? Дар кадом дин ќарор дорї? Гуфтам: - Бале ба Худо бовар дорам. Алњамдиллилоњ, мусулмон њастам. Чун дарк кард, ки сахт ба эътиќодии диниам устувор њастам, аз Ислом бохабарам ва њаргиз маро гумроњ карда наметавонад, ноаён худашро аз ман дур кард. Мутаассифона, аксари мубаллиѓони ин равияи дини насронии равияи "Шоњидони Яњво" тољикон њастанд. Дар дањ маротибае, ки бо мубаллиѓони ин равия вохўрдам, дар њашт маврид онњо аз љинси зан ва ду маврид аз љинси мард буданд. Ягон нафари онњо рус набуд, балки њама тољик буданд. Ба як гуфтаи дигар гўё равияи "Шоњидони Яњво"-ро яњудон аввал ба хотири муборизаву шикасти пайравони дини насронї ташкил карда бошанду сипас наќшаи шикасту пареш ва дар ихтилоф андохтани мардуми мусулмонро низ ба он њамроњ кардаанд. Яњуду насронињо дар аќидаи динї њељ ваќт бо њам муттањид набуданд. Яњуду насронињо њозир њам иттињоди аќидавї надоранд . Коршиносон њадс мезананд, ки яњудиён то имрўз барои парокандагии пайравони дини насронї онро ба 2000 шохаву љараён таќсим кардаанд. Он муттањидие, ки дар байни олами яњуду насронї аст он њам иттињоди сиёсиву иќтисодї аст. Њамеша мегўем, ки 99 дарсади љомеаи мо мусулмон њаст. Расман агар ањолии Тољикистон 8 миллион бошаду 99 дарсад мусулмон ( 7 миллиону 920 њазор нафар) пас 1 дарсад, ки баробари 80000 њазор нафар аст магар ѓайримусулмонанд? Ин дар њолест, ки имрўз аксари мардуми огоњу бедор тахмин мезананд, ки шумораи мардуми мусулмони аз Ислом беруншуда дар Тољикистон аз 200000 то 300000 нафар аст. Чаро мардуми мо ин ќадар соддаву зудбоваранд? Наход имондории мо то ин њад заиф бошад, ки дини ноби исломро канор монда ба кадом дини насронии равияи "Шоњидони Яњво" пайраву эътиќодманд мешавем. Фикр мекунам, фаъолияти шохаи "Шоњидони Яњво"-и дини насронї ба амнияти динии мо хатари бузург дорад. Агар њозир пеши роњаашро нагирем дар оянда барои мо хатари бузург мешаванд. Алї ЉАББОРОВ, сокини шањри Душанбе

ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтарчаи њавлии сокини дењаи Гачаки љамоати дењоти ноњияи Њисор, Одинаев Додихудо бинобар сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.

ЛАТИФА Ду мурѓ аз дења ба шањр барои кор меоянд. Аз назди бозор мегузаранд, ки дастгоњи мурѓпазї (грил)-ро мебинанд. Як мурѓ ба дигараш мегўяд: - Ина бин, мо аз дења шањр кор кардан омадему мурѓњои шањрї бошанд, дар чархофалак "катайса" доранд. ***** - Журналистеро дуњафтаина ба семинари омўзишї ба Туркия мефиристанд. Ваќти хайрухуш ба занаш мегўяд: - Љонакам, аз Туркия бароят чї туњфа биёрам? Занаш ноз карда: - Хайр, ягон чиз барои дастонам ва ягон чиз барои гарданам. Журналист: - Гап нест, ин хел бошад бароят собун меорам. ***** Марде ба боѓе даромада дид, ки он пур аз дарахтњои мева, хурсанд шуда, ба худ гуфт: -Мардум, марњамат кунед: ана, гелоси сара, ана, себи нозанин, ана, ноки мулоим, ана, ангури ширин… Соњиби боѓ пайдо шуду як шапалоќ ба рўи ў фаровард. -Ана шапалоќи обдор, гуфт мард.

БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миён омадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи тољик": Директор Атоев С.К, Тел: 221-86-89, 95-177-40-71, танзимгар: тел. 701-84-02; Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонї: Сардор-Нуров О., тел: 985-56-02-09, танзимгар: 227-10-50, 227-10-51; Шабакањои барќи ноњияи Шоњмансур: Сардор- Рамазонов Х., тел: 985-4202-79, танзимгар: 227-10-12, 227-10-13; Шабакањои барќи ноњияи Сино: Сардор- Мањмадшоев М., тел:95-13388-35, танзимгар:236-10-14, 236-10-17; Шабакањои барќи ноњияи Фирдавсї: Сардор- Кишваров Д., тел: 985-5602-08, танзимгар: 231-10-24, 231-10-21.

НОЊИЯИ АЙНЙ. СУОЛ БА РАИСИ НОЊИЯ: КУМАРЃИ БОЛО ПРОВИНСИЯИ НАВИ ХИТОЙ АСТ, Ё СУБЪЕКТИ ЉАДИДИ РУСИЯ?

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! МЕЊТАРСОЛОРЇ («ДЕДОВШИНА») ДАР АРТИШРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Њар як љавонмарди асилу ватандўст сарфи назар аз фарзанди саѓир ё кабир буданаш барои таъмини оромиву осоиштагии Тољикистони азиз бояд дар сафи Ќуввањои Мусаллањ хидмати аскарї кунанд, чунки ин ќарзи шањрвандии њар як љавонмарди ба ору ба номуси тољик аст ва љавонмардон бояд ватани хешро њифз кунанд! Хидмат дар сафи ЌМ ЉТ бояд шараф бошад! Артишбезории љавонон хусусан падару модарони арљманди онњо, ки аксаран амалдору сарватманд мебошанд оќибати хуб надорад. Аз ќадим љои фарзандони шоњу ашрофзодагон дар сафи пеши лашкар буд. Мутаассифона, имрўз баръакси инро мебинем.Танњо бо љалб кардани фарзанди дењќону омўзгор артиши Тољикистонро устувору нерўманд ва тавоно карда намешавад. Агар дар сафи ЌМ ЉТ њамаи табаќаи љавонони ба синну соли аскарї расидаи Тољикистон ба хидмати аскарї љалб карда шаванд, он гоњ гуфта мешавад, ки артиши мо миллї шудааст. Њоло Ќуввањои Мусаллањи ЉТ-ро артиши миллї гуфтан барваќт аст. Барои артиши воќеан миллї бунёд кардан аз Президент то шањрванди ќаторї бояд худашонро дар назди имрўзу ояндаи давлат масъулият њис кунанд ва аз равон намудани фарзандашон ба сафи ЌМ ЉТ нањаросида, балки бояд љои ифтихор дошта бошанд. Худи ман дар даврони Шўравї дар сафи ЌМ ИЉШС хидмат кардаам. Писарам бошад дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Тољикистони соњибихтиёру озод хидмати аскариро сарбаландона адо намуд. Аммо ман зидди ба таври маљбурї аз роњу кўчањо, бозору љойгањи хоб ба хидмати аскарї сафарбар кардани љавонон мебошам. Чунки дар ин њолат афсарони комиссариатњои њарбї наќша буд шавад гуфта, дар бисёр маврид шахсони беморро ба сафи ЌМ ЉТ сафарбар мекунанд. Њоло он ки бо 600 њазор шањрванди ќобили хидмати аскарї будаи кишвар дар љалби онњо ба сафи ЌМ ЉТ бояд ягон душворї набошад.Артишбезории бархе аз љавонону волидони моро танњо бо роњу усули замони нав ва бо равиши маданї табобат кардан имкон дорад! Фармондењи ин ё он ќисми њарбї бояд ба волидони наваскар замонат дињад, ки фарзандатро солим гирифтем, пас аз адои ќарзи шањрвандияш боз солиму бардам бармегардонем. Ман њамчунин мењтарсолорї (дедовщина) дар артишро ќабул надорам! Барои ислоњи он бояд назорати афсарони ќисмњои њарбї сарфи назар аз рутбаи њарбї ва вазифаи ишѓолкардаашон аз болои аскарон ба таври њамешагї таъмин бошад. Аксарияти рафторњои ѓайриоинномавии аскарон бар якдигарашон дар њолати беназорат монданашон рух медињад. Бояд фаромўш накунем, ки њар як љавонмард ѓуруру руњияи саркашї ва шару шўри љавонї дорад, аксари рафторњои ѓайриоинномавї аз њамин сабаб рух медињанд. Аз њамин сабаб мењтарсолориро дар артиш нест карда намешавад, аммо бо таъмини саросарии волоияти ќонун дар њама воњидњои њарбї шиддати онро пасту кам карда мешавад. Барои тартибу интизом ва таъмини ќатъии волоияти ќонун дар ќисмњои њарбї прокуратураву судњои њарбї низ бояд назораташонро љоннок намоянд. Дар бисёр мавридњо мо аз наќли љавононе, ки хидмати њарбиро тамом карданд, огоњ мешавем, ки онњоро дар хидмат лату кўб кардаанд ва азобњои сахт кашидаанд. Онњо баъди баргаштан аз хидмати аскарї њамин њодисањоро ба њамсолони худ ва аз худашон хурдтар наќл мекунанд.Яке аз сабабњои дигари артишбезорї њамин аст. Дар ин маврид афсарону прапоршикони њамаи ќисмњои њарбї гунањгор њастанд, ки бо вуљуди 2 ё 1 сол хидмат кардани аскар дар ќисми њарбии онњо натавонистанд хотироти мусбатро дар зењни онњо љой карда имиљи мусбати хидмати аскариро таъмин кунанд. Имрўз имиљи артиши мо дар байни љавонон дар љойгоњи муносиб ќарор надорад. Артиши мо илова бар ин ниёз ба таблиѓоти патриотї дорад, ки алњол мутаасифона, онро кам дорем. Ваќте љавони ба синну соли хидмати аскарї расида аз шахси хидмати аскарї карда сухани хуберо дар бораи артиш намешунавад, албатта онњо аз хидмати Ватан мегурезанд. Њол он ки аксари љавонони ба хидмат рафта њангоми рафти хидмати аскарї дар ќисмњои њарбї обу тоб ёфта ба ќадри падару модар, Ватану ватандорї ва обруву нуфузи он мерасанд. Агар њамин рафтори ѓайриоинномавии як аскар болои як аскари дигар аз байн наравад, имиљу таблиѓоти мусбати хидмати аскарї дар љомеа хусусан дар телевизиону радио ва ВАО-и электрониву чопї ба таври дуруст роњандозї карда нашавад мушкили ба таври ихтиёрї ба хидмати аскарї бурдани љавонон доимо боќї мемонад. Пеши роњи ин њодисањои номатлуб ва артишбезориро танњо онњое гирифта метавонанд, ки доимо бо ин љавонон шабу рўз дар хидматанд ва онњо афсарону фармондењони онњо мебошанд. Фармондењони ќисмњои њарбї бояд пурсишу таъмини ќатъии волоияти ќонунро аз зертобеиёни худ -афсарону прапоршикон њамеша талаб намоянд ва нагузоранд, ки як аскари шаш ё соле пеш омада болои як аскари навомада ситам кунад. Дар ин њолат афсарону прапоршикон масъулиятро зиёдтар њис намуда дами роњи мењтарсолорї ё худ "дедовщина"- ро мегиранд. Њамчунин мувофиќи маќсад мебуд, маоши афсарону прапоршиконро сол ба сол зиёд мешуд. Афсарону прапоршикон низ зану фарзанд доранд, онњо њам ба хўрдану пўшидан ниёз доранд. Агар мо артиши худамонро ба таври бояду шояд нахўронему напўшонем, пас маљбур мешавем, ки рўзе артиши бегонагонро њам хўронему њам пўшонем. Савриддин СОЊИБОВ, сокини ноњияи Файзобод

ЊАМДАРДЇ Њайати эљодии нашрияи «Нигоњ» ва хабаргузории TojNews ба журналист Давлати Шоњэътибор бинобар даргузашти МОДАРАШ њамдардї изњор мекунанд. Барои марњум аз даргоњи Худованди мењрубон ободии хонаи охират ва фирдавси барин таманно доранд ва ба бозмондагонашон сабри љамил хоњонанд. Гуруњи њамкорону наздикон ба сардабири маљаллаи "Рангинкамон" Рўзибой Мавлонзода бинобар дар гузашти МОДАРАШ њамдардї изњор мекунанд. Барои марњум аз даргоњи Худои мењрубон ободии хонаи охират тамано доранд ва ба бозмондагонашон сабри љамил мехоњанд. Омин!


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №2 (384) 2. 04. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

НАШУНИДАМ НАГЎЕД: ТАЊСИЛ БЕПУЛ, МУОЛИЉА БЕПУЛ! Вазири маориф ва илми Тољикистон эълон кардааст, ки тамоми донишљўён метавонанд бо либоси дилхоњи худ ба дарсхонї биёянд. Тањсил барои њама ройгон аст ва барои мардуми бебизоат, ки аксарро ташкил медињад, афзалият дода мешавад. Аз ин ба баъд на ба либос, балки ба дониши донишљў бањо дода хоњад шуд. Ў таассуф хўрдааст, ки либоси имрўзаи духтарон либоси аврупої буда, хоси шарќиён нест ва боиси ривољи фањш гаштааст. Тамоми мударрисони донишманд, ки бо сабаби кам будани маош Ватанро тарк кардаанд, ба Тољикистон баргардонида ва бо маоши баланд ба кор љалб карда мешаванд. Соатњои дарсии хатти ниёкон дар як њафта як соату ду соат нею њамарўза як соатї дар макотиб омўзонида хоњад шуд. Ин иќдомро як ќатор вазирон дастгирї кадаанд. Вазири тандурустї гуфтааст, табобати шањрвандон аз ин пас тибќи ќонун ройгон аст. Вазири њифзи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ва раиси шањри Душанбе гуфтаанд, мушкилоти мардум дар мавриди манзил њалли худро ёфта, њукумат бо ташаббуси бонкњо ќарзи дарозмуддати бидуни фоиз барои шањрвандон фароњам меоварад. Раиси шањри Душанбе ваъда додааст, ки таъмири роњњо ба дарозо кашида нахоњад шуд ва ба зудї барои истифода дода мешавад. Ў аз номуайян будани роњкиро ва худсарии ронандагони мусофиркаш изњори нигаронї кардааст. Гуфтааст, ки дар наздиктарин фурсат масъулонро љазо хоњад дод. Вазири энергетика ва саноат ваъда додаст, ки дигар барќ хомўш намешавад ва вазифаи љонољони худро назди мардум иљро карда, дар асри 21 лимити барќ љорї намекунад. Ў гуфтааст, ки љорї кардани лимити барќ барои ояндагони мо боиси хандахариш мешавад ва њадс задааст, ки ин дар таърих навишта хоњад шуд.... Вазири об эълон кардааст, ки хабари гарон шудани нархи об дар љумњурї овоза буда, онњо тасмим доштаанд барои кишваре, ки оби фаро-

вони ошомиданї дорад, ройгон ба мардум дода шавад. Вазири кишоварзиро нав кардаанд. Вазири нав ваъда медодааст, ки тамоми заминњое, ки ѓасб шуда, бекор хобидааст, ба дењќони тољик дода хоњад шуд, на ба дењќони хитої. Вазири мудофиа гуфтааст аз ин ба баъд фарзандони мансабдорон ба хизмати њарбї оварда мешаванд. Роњбари Тољикстандарт гуфтааст, тамоми ѓизоњое, ки ба бозор барои фурўш бароварда мешавад, мавриди санљиши ќатъї ќарор хоњанд дод. Ва барои ў ањамият надоштааст, ки корхонаи истењсолї ба кї ва фарзанди кї тааллуќ дорад. Ў зикр кардааст, ки барои ман сифати ѓизо муњим аст, ки солимии љомеа аз он вобаста мебошад. Дар ин эълон оварда шудааст, ки аз љониби њуќумат озодии баён комилан кафолат дода мешавад. Ва ба рўзноманигороне, ки маќолањои танќидии асоснок навиштаву нашр менамоянд, парванда бо моддањои "туњмату тањќир" боз намекунанду тањсин мехонанд ва барои ислоњи он мекушанд. Муфтии Тољикистон гуфтааст, ман дастур медињам, то ки мардум бемазњабиро канор гузошта, аз мазњаби бобої намонанд ва барои амнияти мардум ва минтаќа талош варзанд. Њамчунин муфтї дар идома овардааст, ки дигар намегузорад аз љониби вазире фароизи исломї тањќир карда шавад. Кумитаи дин эълон кардааст, ки тамоми имомхатибонро мардум худ интихоб кунанд ва доираи амри маъруфи исломї бар дўши онон гузошта мешавад. Кумитаи ТВ аз мардум бахшиш пурсида, эълон доштааст, ки дар телевизионњои давлатї, ки аз њисоби мардум маблаѓгузорї мешаванд, барномањои касбї пахш хоханд шуд. Дар ин эълон њамчунин овардаанд, ки ба рўзноманигорони касбї ниёз доранд ва онњоро барои њамкорї даъват мекунанд. Таърихи эълон: 1-уми апрели соли 2014. Ањлиддин САЛИМОВ

АКСИ ГЎЁ

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Комил БЕКЗОДА, ходими Пажуњишгоњи фалсафаи АИ ЉТ: - Њамаи динњо њам кафолат медињанд, ки гўиё пайѓамбарону Худоњояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онњо њаёти абадї мебахшанд. Мо дар асоси китобњои илмии њозираи љањони Шарќ гуфтем, илми имрўза аллакай роњу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динњо назди худ гузоштаанд, илми имрўза аллакай инро иљро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанї, намешавад. - "Ако дар асоси китобњои илмии њозираи љањони Шарќ роњу усули аз нав зинда кардани инсонро" бо Наполеону Гитлеру Энштейн дар Куктош гап занед, боке нест, аммо барои инкори Худо ин људо нокифоя аст. Саид АТОЕВ, директори Шабакањои барќи шањри Душанбе: - Вазифаи кормандони Шабакањои барќи Душанбе ва зерсохторњои он таъмини боэътимоди ќувваи барќ ба муштариёни пойтахт, таъмини шиддати босифат, нигоњдории таљњизоти барќї дар рељаи корї ва риоя намудани рељаи танзимист ва шабака бањри баланд бардоштани сатњу сифати хидматасонї ва бартараф намудани камбудињо чорањои иловагї меандешад. -Мо вазифаи шумои бемасъулиятро наѓз медонем, вале он ќадар, ки душанбегиён аз авлодњои шумо ёд мекунанд, баёнгўи сифати кори шумост. Усмон САБЗОВ, раиси ноњияи Њисор: - Дар 5 га замини лалмї хољагии дењќонї доштам, ки баъди ба ин вазифа таъин шудан таќсим карда додам. Њоло дар номи ман на хољагии дењќонї, на мошин ва на замин аст. Ягон нафар хешованд, њамсинф, њамкурс, њамдења бо ман кор намекунад ва рўзе дидед, ки ягон бародарам дар ноњия кор омад, фањмед, ки Сабзов марди ќавл набудааст. -Мо марди ќавл будани шуморо медонем, лекин хотиррасон мекунем, ки љуйбори кампири 105 сола њоло њам ноканда мондааст. Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Давлате ки 50 % потенсиали кориаш дар хориљ-муњољират аст, аллакай ба буњрон мувољењ шудааст, борњо гуфтаам, ки набояд Тољикистонро дигар кишвари аграрї хонд, балки онро бояд кишвари муњољирин гуфт. -Рост, давлате, ки машруъияташро як њизби ба ном мухолиф барои ду курсї дар парлумон таъмин мекунад, оќибат надорад, хоњ аграрияш хонеду хоњ кишвари муњољирон. Доналд РАМСФЛЕД, собиќ вазири мудофиаи ИМА: - Обама натавонист манофеъи Вашингтонро дар Афѓонистон дифоъ кунад. Обама наметавонад њатто бењтар аз як "маймуни тарбиятшуда" мудирият кунад. -Э, шумо њам аз вазирону роњбарони корхонањои давлатии мо фарќ надоштаед-ку: Чї бало аст, ки бо аз вазифа рафтан дар як њафта оппозитсия мешавед, шумо?!

Фахриддин ЗОКИРОВ, собиќ вакили дифоъи Зайд Саидов: - Маро барои он дастгир карданд, ки аз њуќуќњои Зайд Саидов ба таври ќонунї њимоя мекардам. Хоњишњо њам буданд, ки ба ном вакили дифоъ бошам, яъне дар асл манфиати дигар ашхосро њимоя намоям, аммо аз ин кор ман даст кашида, гуфтам: касби худро њељ гоњ намефурўшам. -Ин хел бошад, супоришу хоњишатонро дар бораи расонаї накардани парвандаатон бозхонед, вагарна, аз дасти сабуки Агентї ягон 5-6 сол зиндонї мешавед.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Нигох №2 (384). Чоршанбе, 2-юми апрели соли 2014