Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

1

ТАЛОШИ ДЎСТЇ БО ЭРОН Тарњи Сурия то кадом њад барои Тењрон муфид аст? САЊИФАИ 10 №26 (354). Чоршанбе, 18-уми сентябри соли 2013

САЊИФАИ 2

ИНТИХОБОТ - 2013

"Бозёфти Нурї" Гузориш аз анљумани Њизби нањзати исломї САЊИФАИ 3

ИМИЉИ ТОЉИК

"Харсавору самбусафурўш" САЊИФАИ 13

ИМТИЊОНИ ЌОИМДОДОВ ШЕЪРУ ШОИР

Рўзи сиёњу ќањваи талху сигори талх САЊИФАИ 12

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Бадгумонии Мирзодиккак аз гашти аспи њукумат САЊИФАИ 16

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД:

"ИНИТ њукуматро ѓофилгир кард" Суњбати ихтисосии Саидюнуси Истаравшанї бо Абдуќаюми Ќаюмзод, рўзноманигор ва сухангўи номзади ягонаи Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон

САЊИФАИ 5


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

БО МАРДУМ медонанд. Ва њатто бархе навиштанд, њангоми убур аз гумрук касе аз Ќоимдоди љавон хоњиш мекунад, ки барои гузаронидани баѓочаш кўмак кунад ва ў аз дили соф ин хоњиши ўро рад накардааст. Иддае њам бар инанд, ки як њуќуќшиноси огоњ ва писари сафир њељ гоњ дар љомадони худ маводи мухаддир, бахусус дар њаљми 2, 5 килоро намебурд, чун маълум аст, ки онро ба осонї ошкор мекунанд. Агар Ќоимдод њамчунин дилпуриеро медошт, ки бидуни монеа аз гумруки Тољикистону Русия ва Минск мегузарад, пас дар гузашта низ ин корро мекард ва ё бо њама маќомоти зарурї дар се кишвар мувофаќа дошт? Дар њарду њолат њам чаро ў боздошт шуд?

Њадаф: интихобот, Ќоимдодов, ё идомаи "шикор"?

Имтињони Ќоимдодов Чаро даст надоштани писари сафири Тољикистонро дар ќочоќи маводи мухаддир касе тасдиќ ва ё таъйид намекунад?

16

-уми сентябр дар расонањои Тољикистон иттилое пахш шуд, ки сафири Тољикистон дар Белорусро ба Душанбе овард. Расонањо хабар пахш карданд, ки дар фурудгоњи шањри Душанбе гўё писари Ќозидавлат Ќоимдодов, сафири Тољикистон дар Беларус бо иттињоми ќочоќи маводи мухаддир боздошт шудааст. Манбањое њам, ки суњбат кардаанд, номи худро ифшо накардаанд, аммо онњо аз боздошти Ќоимдод Ќоимдодов ва њамсараш Муштарї Муборакшоева хабар доданд. Ба гуфтаи онњо, субњи 16 сентябр зану шавњар бояд тариќи хатсайри 631 аз Душанбе ба Маскав ва аз он љо ба Минск парвоз мекарданд, аммо ваќте аз расмиёти гумрукии фурудгоњи Душанбе мегузаштанд, онњоро кормандони гумрук боздошт намуданд. Маълум мешавад, ки мошини рентгени баѓоч дар сумкаи онњо маводи шубњаангезеро нишон додааст. Расонањо бар ин таъкид кардаанд, ки ваќте баѓочро боз мекунанд, аз "махфигоњ" - и махсус сохташудаи љомадони онњо 2,5 кило маводи сахттаъсири героин кашф шудааст. Њамчунин онњо хабар доданд, ки зану шавњарро ба боздоштгоњи муваќќатии Хадамоти гумрук бурда, њабс карданд. Рўзи 17-уми сентябр маълум шуд, ки Ќозидавлат Ќоимдодов, сафири Тољикистон дар Беларус ба Душанбе омадааст. Аммо тафсилоти сафари сафир, ки пас аз пахши ин хабар иттифоќ афтодааст, норўшан аст. Аммо худи њамон рўз Хадамоти гумрук расонањоро то љое ба "бузкашї" андохт. Яке, аз ќавли як маќоми баланд дар гумрук навишт, ки нафари боздоштшуда даќиќан на писар, балки бародар ё ягон хешованди дигари Ќоимдодов аст. Расонаи дигар низ аз ќавли Хадамоти гумрук навишт, ки "бор" шояд аз як нафари дигар бошад, ки дар ин робита низ дастгир шудааст ва тафтишот инро аниќ мекунад, зеро дар фурудгоњ мусофирон аз як роњ ва баѓоч бо дигар роњ мераванд. Саввумї, хабаргузории расмии "Ховар" боз њам аз ќавли Хадамотии гумрук рад кард, ки "хабари дар баъзе

васоити ахбори омма пањншударо дар мавриди он ки писари Сафири Тољикистон дар Беларус Ќозидавлат Ќоимдодов дар фурудгоњи шањри Душанбе бо як миќдор героин дастгир шудааст, тасдиќ намекунад ва барои халалдор нашудани тафтишот ному насаби дастгиршудагон овоза карда намешавад". "Рангорангї" - и ахбор далели он аст, ки "таги коса нимкосае њаст". Ду суол ё далели дигари мантиќї њам ин љо пайдо мешавад: чаро тўли як шабонарўз маќомоти гумрук ё Прокуратураи наќлиёт, ки њодисаро тањќиќ мекарданд, нагуфтанд, ки 1) Ќоимдод Ќоимдодов дар ќочоќ даст дорад ё надорад? 2) нафари дигар, оне, ки боздошт шудааст, кї аст? Ин таъхир ва њам норўшании сафари сафир Ќозидавлат Ќоимдодов ва тахмину гумонњои дигар бидуни бањс касро ба иштибоњ меандозанд ва суоли асосї - "оё писари Ќоимдодов ќочоќбар аст, ё "подстава" шудааст ва ё худи сафир ба тавтиае афтодааст?" боз мондааст.

Писари сафир кист? Ќоимдод Ќоимдодов, яке аз ду писари Ќозидавлат Ќоимдодов аст. Писари дигарии сафир - Азим Ќоимдодов ду соли пеш ба маризии "зукоми мурѓ" гирифтор шуда буд ва њоло њам аз ин дард ранљ мекашад. Ќоимдод дар шањри Минск дар вазифаи референт ё мушовири Додгоњи олии иќтисодии Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ (ИДМ ё СНГ) кор мекунад. Дар суњбат бо "Нигоњ" як масъули ин додгоњ гуфт, ки ў љавони боадаб ва боистеъдод аст, аммо аз ин, ки ўро дар Душанбе боздошт кардаанд, хабар надорад. "Шахсан ман бовар надорам, ки Ќоимдод ба чунин кор даст занад. Умедворам, ки ќазия ба хушї анљом меёбад" - гуфт ин масъул. Онњое, ки Ќоимдодро мешиносанд, мегўянд, ки ў як инсони камгапу шармгин ва беозор аст ва њељ гоњ даст ба ќочоќи маводи мухаддир њам намезанад, бахусус, дар љомадонаш љой додани ин миќдор мавод то љое бе-

мантиќ њам њаст, чун ў њуќуќшинос мебошад. Бино ба як созишномае, ки аз соли 2004 ба ин сў маќоми кормандони нињодњои ИДМ - ро муайян кардааст, Ќоимдод њамчун корманди дастгоњњои ИДМ аз дахлнопазирї низ бархўрдор аст. Аммо Рањматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тољикистон мегўяд, дахлнопазирии кас танњо дар њамон њудуде аст, ки ў кору фаъолият мекунад, яъне агар Ќоимдод дахлнопазирї дошта бошад, танњо дар Беларус, ки нињодњои ИДМ он љо љойгиранд, дахлнопазирии ў ба назар гирифта мешавад. "Аммо њатто агар дипломат бошаду дар зодгоњи худ дар љои содир шудани љиноят дастгир шавад, дахлнопазирї ба ў фоида надорад. Масалан, сафири Тољикистонро дар кишвари фаъолияташ боздошт намекунанд, аммо њамчун шањрванди Тољикистон ўро метавонанд дар њудуди Тољикистон боздошт кунанд, чун шањрванди ин кишвар аст" - шарњ дод њуќуќшинос.

"Сањнасозї"? Ягона майдоне, ки бањси хабари боздошти писари Ќозидавлат Ќоимдодов гарм медошт, Фейсбук ва бањсгоњњои сомонањо буд. Аксарияти ширкатдорон аз эњтимол дур намедонанд, ки писари сафир даст ба ќочоќ задааст. Аммо иддае њам ин корро "подстава", яъне сањнасозї

Иддае дар бањсњо баъид намедонанд, ки ин боздошти пурсарусадо "супориши сиёсї" аст, ба интихобот рабт дорад, ќабл аз њама ба хотири љалб кардани таваљљўњи љомеа ба он ва дур кардани он аз њаводисе, ки рух медињанд, масалан, шавќу шўрњои интихоботї, аз љумла анљуманњои њизбњо, бахусус ЊНИТ. Аммо ин далел хеле заъиф ба назар мерасад, чун таваљљўњи љомеаро бо чунин боздоштњои пурсарусадо, њатто тањти шиорњои мубориза коррупсия, аммо на он ќадар муњим љалб кард. Пас мемонад шахси падари Ќоимдод - Ќозидавлат Ќоимдодов, сафири Русия дар Белорус. Аммо чаро ў бояд њадаф бошад? Ќозидавлат Ќоимдодов ягона намояндаи Бадахшони Тољикистон аст, ки аз соли 1992, аз аввали ба сари ќудрат будани Эмомалї Рањмон бо ў кор мекунад. Аз поёни соли 1992 то имрўз Ќозидавлат Ќоимдодов муовини аввали раиси Маљлиси Олї, муовини сарвазири Тољикистон, њамоњангсози њукуматии Бунёди Оѓохон дар Тољикистон, сафири Тољикистон дар Туркманистон ва аз соли 2009 сафири Тољикистон дар Беларус, намояндааш дар тамоми нињодњои ИДМ буд ва аз солњои 2011 - 2012 сафирии Тољикистон дар Литва, Латвия ва Эстонияро њам ба уњда дорад. Ў танњо бадахшонии сатњи баланд аст, ки соли гузашта пас аз њаводиси Хоруѓ рўйрост ба љонибдории њукумат хест ва амалиёти низомии Хоруѓро кори дуруст шумурд. Таври маълум, барои бадањшонињои Тољикистон дар кадом вазифае, ки набошанд, ин мавќеъ хеле муњим аст, аммо Ќозидавлат Ќоимдодов бо ин њама вазифаву "сафири њафт иќлим" будан пеши онњо ќадре нахоњад дошт. Дар суњбат бо "Нигоњ" њатто яке аз онњо гуфт, ки "писарони Ќозидавлат Ќоимдодов он ќадар бачањои хубанд, ки ба падари худ монанд нестанд". Ин худ нишон медињад, ки дар миёни мардуми Бадахшон ба хотири њамон мавќеъ дар њаводиси Хоруѓ Ќозидавлат Ќоимдодов мухолифони зиёд пайдо кардааст. Мантиќан ваќте Ќозидавлат Ќоимдодов барои њукумат ин ќадар љонфидої кард, писари ўро чаро боздошт мекунанд ва ин боздошти ўро овозаи ду дунё? Мо боварї дорем, ки посухи ин суолро њељ гоњ касе ба мо нахоњад гуфт, њатто Ќоимдод Ќоимдодов озод шавад њам. Воќеан, айёми пеш аз интихоботи президентист ва ин ки умри давлати Ќоимдодов поянда асту њоло дар худи ИДМ, нињоди тањти Русия соњиби мавќеъ аст, шояд шубњањое дар "болоњо" вуљуд дорад ва сафирро њамту як "огоњ" карда, "дар љой шинонданианд"? Ин љо дигар нуктаро њам метавон зикр кард, ки ду соли ахир "шикор"- и наздикони афроди баландмартаба бо героин "мўд"шудааст. Соли гузашта Фаридун Умаров, муовини сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ноњияи Фархор дар вилояти Хатлон, бародари Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон, Мањмадулло Маљидов, писари Њабибулло Маљидов, фармондењи нерўњои воњиди махсуси вазорати корњои дохилї њукм гирифта буданд. Дар Русия аз мањкум шудани Рустам Њукумов, писари раиси ширкати роњи оњани Тољикистон дар соли 2008 хабар дода буданд, ки бо ќарори додгоњ соли 2011 озод шуд.

Фаромарзи ФОЗИЛ

«

"Рангорангї" - и ахбор далели он аст, ки "таги коса нимкосае њаст". Ду суол ё далели дигари мантиќї њам ин љо пайдо мешавад: чаро тўли як шабонарўз маќомоти гумрук ё Прокуратураи наќлиёт, ки њодисаро тањќиќ мекарданд, нагуфтанд, ки 1) Ќоимдод Ќоимдодов дар ќочоќ даст дорад ё надорад? 2) нафари дигар, оне, ки боздошт шудааст, кї аст? Ин таъхир ва њам норўшании сафари сафир Ќозидавлат Ќоимдодов ва тахмину гумонњои дигар бидуни бањс касро ба иштибоњ меандозанд ва суоли асосї - "оё писари Ќоимдодов ќочоќбар аст, ё "подстава" шудааст ва ё худи сафир ба тавтиае афтодааст?" боз мондааст.

«


СЎЊБАТ АЗ ЗИНДОН - Дар Тољикистон дар бораи шумо иттилоъе нест. Рољеъ ба шахсияти шумо факат як доираи мањдуд ва мустаќили воситањои ахбори омма маълумот медињанд, ки гўё дар Дубай ќарор доред. Асли ќазия чї аст? - Нахуст саломи худро ба халќи Тољикистон мерасонам. Шахсоне, ки дар Ватан хоњони дигаргунињо ва демократияи њаќиќї њастанд, хеле хуб маро мешиносанд ва медонанд, ки чї мехоњам. Дар давоми ин нуњ моње, ки дар ин љо ќарор дорам, маро на танхо гурўњи хурд, балки бисёрињо ва гуфтан мумкин аст, нисфи љањон хуб медонад, ки ман дар Дубай њастам. Чунин њисоб мекунам: њамаи бозињои хурду бузурге, ки њоло идома дорад, дер ё зуд, албатта, поён меёбад, ба натиљае намерасад. Маро њатман озод хоњанд кард. Дар њама холат кўшиш хоњам кард, ки халќи ман аз режими њозира озод шаванд. Ва њатман озод хоњанд шуд. - Мегўянд, ки шуморо ба Душанбе истирдод мекунанд. Ашхосе њам иддао доранд, ки њељ набошад Шуморо то замони анљоми интихоботи президентї дар Тољикистон намегузоранд, ки озод шавед. Пиромуни номи Шумо сару садоњо хеле зиёд аст. Инро худи шумо чї хел шарњ медињед? - Дар ин љо чанде боз ба ман имкони бо телефон суњбат карданро намедоданд ва баъди гуруснагї эълон карданам, ба ман гоњ - гоњ иљозаи истифода аз телефонро доданду ба арзу додам њам ањамият медодагї шуданд. Ин, ки маро ба Тољикистон истирдод намекунанд, рўшан шудааст. Касе чї фикре накунад. Наметавонам гўям, ки маро то интихобот нигоњ медоранд ё баъди интихобот озод мекунанд. Дар ин љо аз њодисањои Тољикистон њељ кас чизеро намедонад, намехонад ва фањмидан њам намехоњанд. Ин љо мунтазиранд, ки маро кадом давлат ќабул мекунад. Чанд давлати љањон таклиф карданд, ки паноњандагии сиёсии онњоро ќабул кунам, аммо ман рад кардам. Онњо шарт гузоштанд, ки бояд аз сиёсат тамоман даст бикашам. Аммо ба ин розї шуда наметавонам, зеро ман маќсад дорам, ки барои озодию хушбахтии халќи худ тамоми кори аз дастам меомадаро кунам. Истирдоди ман ба Ватан ин бозии сиёсї аст. Дар кадом асос бояд истирдод сурат гирад? Инро њам њељ кас аниќ гуфта наметавонад. Ман хабар надорам, ки сари ќазияи ман чї муомилањо вуљуд доранд. Ин бозии одамонест, ки ин корро мекунанд. Аммо њаминаш рушан аст, ки маро бе ягон далел нуњ моњ боз дар мањкама нигоњ медоранд. Ва хоњу нохоњ як рўз не як рўз, хоњ пагоњ бошад, хоњ баъди панљ ё дањ рўз дар њама њолат маро озод мекунанд, Худо хоњад. - Додгоњи Дубай ду маротиба њукми истирдоди шумо ба Тољикистонро баровард. Аммо чаро дафъаи дуввум бидуни ширкати шумо мурофиаи додгоњї сурат гирифт? Ин љо наќзи њуќуќи шумо аст, ё фикри амнияти шуморо мекунанд? - Воќеан, ман њам намефањмам, ки чаро суд чунин рафтор дорад. Инро бояд аз суд пурсид, ки чаро хаппу дам ва бидуни ширкати ман мурофиаи маро баргузор кард. Шояд нахостанд, ки ба суд њомиёни њуќуќи башар ё рўзноманигорон роњ ёфта, бо суолњо мурољиат кунанд. Шояд сари мурофиа байни њукумат ќарордоди муайяне вуљуд доштанд, ки суд бояд чї тавр гузарад, то сарусадо баланд нашавад. Албатта, масъалаи амният буд, чун дар гузашта њам чунин хатарњо вуљуд доштанд ва ман њоло дар бораи онњо ба далели камии ваќт зиёд гуфта наметавонам. Њамчунин бисёр кўшишњое њам вуљуд доранд, ки суди Дубайро љалб кунанд ва бовар дорам суд посухњои заруриро дода истодааст. Аммо бисёр њуќуќњое, ки Интерпол додааст, наќз шуданд, масалан, ин, ки маро ба суд роњ надоданд. Медонед, њама система - суд, ќонун, адвокат ва њукумат дар њалли ин ќазия аниќ медонанд, ки дар ин ќазия њодисаи љиноят нест. Барои њамин аз ёрии адвокат даст кашидам, зеро онњо вазифањои худро дуруст ба љо наоварданд ва он њам ба он хотир, ки фикр мекарданд, ќазия љиної аст, аммо фањмиданд, ки ќазия сиёсї будааст. Онњо мегуфтанд, ки далели барои нигоњ доштани шумо дар мањбас нест. Аз ин хотир, ман аз онњо даст кашидам, чун њамаи корашонро карда буданд. Њарчї барои суд даркор буд, дода буданд, дигар коре намонда буд. - Адвокати шумо кист? Оиди Николай Николаев аллакай расонањо навиштанд, ки ў адвокати шумо нест. Ва суханони бародаратонро, ки Николайро "ќаллоб" гуфта ном мебарад, чї гуна арзёбї менамоед?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

3

Умаралї Ќувватов:

"ПАНОЊГОЊИ СИЁСИРО ЌАБУЛ НАКАРДАМ"

Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Умаралї Ќувватов, сарвари созмони "Гурўњи 24", ки њоло дар зиндони шањри Дубай ба сар мебарад - Николай Николаев дўсти њаќиќї аст. Дар ин муддати тўлонї ў дар канори ман истод ва маро танњо нагузошт. Њамаи иттилое, ки ман медињам, танњо тавассути Николай сурат мегирад. Танњо ў љомиаро дар бораи вазъи ман хабардор мекунад. Он чї байни бародарам ва Николай гузашт, фикр мекунам, иштибоње буд. Бародарам њамчун як шахси наздик зиёд ранљ мебарад, вале аз ќазия хуб огоњ нест ва њолатеро дорад, ки намедонад чї кор кунад. Ў Николайро хуб намешиносад, чун дар бараш набуду нест. Табиист, ки наздикони ман тайи нўњ моњи ахир аз эњтимоли истирдод шудани ман ба Тољикистон азият мекашанд, чун медонанд, ки сабабе барои ин нест ва бахусус, ки медонанд он љо маро чї интизор аст. Бародарам ноогоњона ба иштибоњ роњ додаст. Ба ин нигоњ накарда, ман аз бародарам хеле миннатдорам, ки дар рўзхои душвор ба фарзандонам кўмаки хешро дареѓ намедорад. - Бо оилатон алоќаи телефонї доред? Хамсар ва фарзандонатон алњол дар куљо ќарор доранд? "Дўстонро дар рўзи сахт меозмоянд". Ин рўзе, ки ба сари шумо омад, оё муносибати дўстонатонро дигар

накард? Ва нињоят њоло дар бораи чї бештар фикру андеша доред? - Хеле кам иттифоќ меафтад, ки бо оилаи худ тамос дошта бошам. Албатта, ин аз рўи сиёсї будани ќазияи ман аст. Муносибатам бо дўстон њамчунон ќавию некбинона аст. Шояд дар Тољикистон барои он ки бо ман барин мухолифи њукумат дустї доштанд, фишор ёбанд ва аз ин љониби масъала иттилоъ надорам. Аз дўстону наздикони худ ягон ёриеро хоњон нестам, ба чуз аз Худованд. Дўстони худро, ки аз ман рўй гардонидаанд, гунањкор намењисобам. Хаминро бояд гўям, ки ман ба як шахси алоњидаи љинояткор не, балки ба режими сиёсї мубориза бурда истодаам. Аз дўстону наздикон њеч ёриеро интизор надорам, ба љуз лутфу инояти Парвардигор. Ман на факат ба гуруњи хурди ёру дустон, балки ба тамоми мардуми Точикистон мехохам хизмат кунам. Оё ман аз роњи худ бармегардам ё пушаймон њастам? На! Роњи пешгирифтаи хукумати њозираи Точикистон оянда надорад. Њаёт чист? Ин як нафаси кўтоњ аст. Онро бубояд дар фазои сулњу пешравї ва демократияи њаќиќї гузаронд!

- Хабар доред, ки њоло дар Тољикистон маъракаи интихоботї аст ва чињо мегузарад? - Бале, аммо маълумоти муфассал надорам. Тайи тамоси кўтоње, ки бо наздиконам ва адвокатам дорам, каму беш аз њодисањо огоњ мешавам. - Дар як мурољиати худ ба мардуми Тољикистон изњор дошта будед, ки аз номзади мухолифин дастгирї кунанд. Њоло номзад маълум шудааст - Ойнињол Бобоназарова. Аз ў љонибдорї мекунед? - Тавре дар изњоротам гуфта будам, њар номзаде, ки мухолифин пешнињод мекунанд, ўро љонибдорї мекунам. Хуб мебуд, ки Рањматилло Зойиров номзади ягона пешнињод мешуд, аммо њоло, ки мутаассифона, ўро ќабул накардаанд ва кори хубе нашудааст, умедворам номзадеро, ки ў пуштибонї мекунад, мардум њам пуштибонї кунанд. Аз њама муњим шахсият нест, аз њама муњим ин аст, ки одамон сари кадом идея љамъ мешаванд ва барои кадом идея мубориза мебаранду овоз медињанд. Идеяи ман ободии Тољикистон аст ва аз њама даъват мекунам, ки барои номзади сазовор овоз дињанд, касе, ки набошад.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

ШАХС ВА ЗАМОНА

АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ: "МАН ЯГОН ЉО НАМЕГУРЕЗАМ"

Алим Шерзамонов, раиси бахшии Њизби сотиал-демократи Тољикистон дар Вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон баъди як сол шоми 16 сентябр ба Тољикистон баргашт. Тайёрае, ки бо он Шерзамонов ба ватан бармегашт, соатњои 18:30 даќиќа дар Фурудгоњи байналмиллалии шањри Душанбе фуруд омад. Аммо масъулони Фурудгоњ танњо пас аз як соату чанд даќиќа ўро озод карданд. Худи Алим Шерзамонов далели дер озод шуданашро чунин шарњ дод: - Њангоми аз марз гузаштан эњсос кардам, ки номи ман дар кадом рўйхате дар комютери Фурдугоњ сабт ёфтааст ва эњтимоли боздоштам зиёд буд. Аммо кадоме ба онњо занг зада гуфт, ки дар

берун хабарнигорон љамъ шудаанд ва барои њамин маро "тафтиш" карданду рањо намуданд. Агар хабарнигорон намебуданд мумкин буд, ман имрўз намебаромадам, - гуфт Алим Шерзамонов. Шерзамонов њамчунин гуфт, њангоми тафтиши њуљљатњои ў ба ѓайр аз коркунони фурудгоњ, дигар ягон кас набуд: - Инњо бо телефон суњбат мекарданд, чун дар берун расонањои хабарї љамъ шуда буду маълум буд, ки воњима калон шуда истодааст, касе занг заду маро љавоб доданд. Яъне он нафароне ки бояд аз КДАМ меомаданд, аз нияташон бозгаштанд ва маро бе њељ сўњбат худи кормандони фурудгоњ гусел намуданд. Муносибаташон инсонї ва бародарона буд. Ман он ќадар бовар надоштам, ки маро боздошт мекунанд, зеро медонистам ки аз љониби вазорати корњои дохилї дар кофтукоб ќарор надорам, - гуфт, Алим Шерзамонов. Бино ба гуфтаи Шерзамонов, дар Фурудгоњ барои ў маълум шудааст, ки маќомоти ќудратии Тољикистон кофтукоби "махфї" њам доштааанд. - Маро дар компютери фурудгоњ ёфтанд. Намедонам, ки чї ќадар одамон њаминхел дар љустуљўи махфї њастанд. Ин хеле бадбахтї аст, барои То-

љикистон, ки њељ кас намедонад, вай дар ин рўйхат њаст, ё не. Пеш аз омадан ба Тољикистон аз Вазорати корњои дохилї ба ман гуфтанд, ки шумо дар кофтукоб нестед. Вале инљо дар зери коса як нимкосаи дигар будааст. Алим Шерзамоновдар посух ба суоли хабарнигорон, ки шояд пагоњ шуморо ба идорањои дахлдор аз ќабили КДАМ даъват кунанд, гуфт, омода аст, ба њар

идораи дахлдор, ки ўро даъват мекунанд, њозир шавад: - Ман ягон љо намегурезам. Мумкин аст, маро пагоњ дар ягон кўча дастгир кунанд. Нисбати ман ягон парвандаи љиної вуљуд надорад. Ман як њафтаи оянда дар Душанбе мешавам, - гуфт дар охири суњбати худ Алим Шерзамонов. Шерзамонов ќабл аз амалиёти Хоруѓ Тољикистонро тарк намуда буд.

РАЉАБИ МИРЗО: ЊИЗБИ ДЕМОКРАТ КЎЧАГЇ Ё КИСАГЇ АСТ

Раљаби Мирзо, роњбари Созмони душанбегии Њизби демократи Тољикистон, ягона нафаре, ки дар Анљумани

ЊДТ, 17-уми сентябр муќобили пешбарии номзадии Саидљаъфар Исмонов дар интихоботи президентии соли љорї овоз дод, эътирозашро аз ин анљуман шарњ дод. Вай дар суњбат ба TojNews гуфт, бо чанд далел аз пешбарии номзад ва баргузории Анљумани ЊДТ розї нест: -Агар аз рўи мантиќ гирем, њизбе, ки дар дохили худаш мушкилот дорад, наметавонад, ки мушкили дигаронро њал кунад. Дуввум ин, ки њизб заминаи иљтимої надорад ва мардум ба куллї аз фаъолияти ин њизб бохабар нестанд, ки барои љамъоварии имзо барои номзад мушкилї пеш меорад. Инчунин, њизб мушкилоти молї дорад.

Кадоме аз рўзноманигорон савол дод, ки чаро рўзномаи њизб фаъолият намекунад. Посух ин буд, ки дар маблаѓ мушкилї њаст. Табиист, ки интихобот маъракаи серхарољот аст ва барои њизбе, ки аз лињози иќтисодї мушкилї дорад, худ ќазоват намоед, чї хоњад шуд. Ба гуфти Раљаби Мирзо, на њамаи аъзои ЊДТ аз баргузории Анљуман хабар доштанд, ки ин хилофи демократї пеш бурдани номзади Саидљаъфар Исмонов аст: - Дар сурати номнавис шудани ин номзад, аз ин њизб бо тамоми камбудињои гуфтааш, маълум мегардад, ки њизб кўчагї ё кисагї аст. Ман њамчун аъзои ин њизб мегўям, ки ин Анљуман

њам аз лињози њуќуќї, ахлоќї, сиёсї ва демократї дуруст нест. Он нафароне ба ном вакил, ки имрўз аз Анљуман ва номзад љонибдорї карданд, маълум буд, ки аз ин кор хабар доранд. Ин Анљуманро на танњо ман, балки бо нишони эътироз 10 нафари дигар, аз љумла Мамалакат Љайчиева, муовини Саидљаъфар Исмонов, Сайрањмон Назриев, узви фаъоли ин њизб, Чинигул Каримова, Юсуф Њотамов ва дигарон низ тарк карданд. Анљумани ЊДТ номзадии Сайљаъфар Исмонов, раиси ин њизбро ба мансаби президентї дар интихоботи соли љорї дастгирї ва эълон кард.


БО ЯК ЊИЗБЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

5

- Назари шумо, ба унвони узве аз Иттињоди нерўњои ислоххоњ, дар бораи тасмими ин иттињод мабнї бар пешнињоди номзадии Ойнињол Бобоназарова чист? - Назарам комилан мусбат аст ва дарвоќеъ Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон бо пешбарии номзадии хонум Ойнињол Бобоназарова ба мансаби президентии Тољикистон тасмиме дуруст, мантиќї ва сариваќтиро гирифт. Сешанбеи 17-сентябр ЊНИТ - яке аз ду њизби узви ин иттињод, бо ширкати наздик ба 500 вакил аз саросари кишвар, Анљумани навбатии худро доир ва расман номзадии хонум Ойнињол Бобоназароваро ба мансаби президентї пешбарї кард. Пешбарии номзадии бону Бобоназарова ба чанд љињат ва далел ќобили тањсин ва дастгирї аст. Нахуст ин ки роњбарияти ИНИТ, ки аз афроди матрањи љомеаи кишвар иборат аст ва њар кадоме аз ин шахсиятњо таљрибаи вофири ширкат дар сабќатњои сиёсиро доранд, якдилона аз номзадии ин бону љонибдорї карданд. Яъне дар воќеъ дар пешбарии номзадии хонум Бобоназарова нерўњои сиёсии умда ва шахсиятњои боэътибори љомеаи Тољљикистон, ки ислоњот мехоњанд тавофуќи назар њосил карданд. Љониби њукумат аслан интизор надошт, ки ИНИТ як чунин тасмиме мегирад. Яъне комилан ѓофилгир шуд. Аз ин лињоз бо пешбарии номзадии Бобоназарова њассосиятњое, ки имкон дошт њукумат барои номзадњои дигари эњти-

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД:

"ИНИТ њукуматро ѓофилгир кард" Суњбати ихтисосии Саидюнуси Истаравшанї бо Абдуќаюми Ќаюмзод, рўзноманигор ва сухангўи номзади ягонаи Иттињоди нерўњои ислоњхоњи Тољикистон молии ИНИТ аз ќабили Њољї Акбар Тўраљонзода, Муњиддин Кабирї ва Рањматулло Зоиров нишон дињад ва барои онњо ин имконро надињад, ки вориди корзор бишаванд, мисли он ки дар љамъоварии имзоњо барояшон монеъ дуруст кунад, аз байн рафт. - Яъне, ин пиндор, ки баъзењо матрањ мекунанд, ки ин кор навъе бозии пасипардагии бархе рањбарони ИНИТ бо њукумат мебошад, комилан нодуруст ва дур аз воќеият аст? - Бале, сад дар сад. Ин њарф комилан ѓалат аст ва асосе надорад. Њамчунин, ин тасмимро набояд ба ин маъно донист, ки афроди номбурда аз мубориза даст кашида ва сањнаро барои раќиб холї кардаанд. Чун ин нафарон дар канори номзади воњиди худ хоњанд истод. Њукумат инро мехоњад ё хайр, онњо дар маъракањои таблиѓотї дар бари Бобоназарова ба њайси шахси боэътимод вориди ин корзор мешаванд. - Оё њукумат метавонад монеъи ин кор бишавад? - Њукумат далеле надорад, ки монеи ин раванд бишавад. Чунон ки арз шуд, пешбарии номзадии Бобоназароваро маќомот аслан интизор надоштанд. ИНИТ бо ин пешнињоди худ њукуматро ѓофилгир кард гўем њам хато намекунем. Зеро "барномањои хоссе", ки мебоист алайњи њамин се нафари зикршуда (Њољї Акбар Тўраљонзода, Муњиддин Кабирї ва Рањматулло Зоиров), ки эњтимол мерафт яке аз онњо номзади интихоботї бишавад, аз ќабл омода шуда ва дар љараёни ин маърака ба маърази иљро гузошта мешуд, наќши бар об шуд, барњадар рафт. Хидмати чандинзамонї ва чандиннињодї ва чандиннафарии маќомот нолозим шуд. Масалан, Бобоназарова мисли Тўраљонзодаву Кабирї "чењраи исломхоњ" нест, ки номзади њукумат барои "берунањо" бигўяд, ки бубинед, чї касоне ба љойи ман меоянд. Ва њамчунин бону Бобоназарова иттињоми "агенти Ўзбакистон" буданро, ки нољавонмардона ба Зойиров мезананд њам надорад, ки битавонанд ба роњатї бадном созанд. Аммо чунонки арз шуд, њамин се нафар дар маъракаи интихобот, шароит ва имконияти ќонунї ба даст меоваранд, ки ба сифати шахси

боэътимоди номзади худ бо мардум рўбарў бишаванд, афкору андешаи ислоњотхоњии нерўњои мардумиро ташвиќ ва таблиѓ кунанд. Онњое, ки ба ин се нафар овоз медоданд, бо онки онњо дар пањлў ва њамроњи хонум Бобоназарова њастанд, бидуни истињола ба ў овоз медињанд. - Дар воќеъ, гуфтанї њастед, ки ин барномаи ИНИТ аст, ки номзад шуда, на фарде хос? - Бале, даќиќан. Зеро хонум Ойнињол Бобоназарова он консепсиюни интихоботии ИНИТро, ки барои чањор сол пешбинї шудааст, ба иљро хоњад гузошт. - Дар љамъоварии имзоњо њукумат монеъе эљод намекунад? - Фикр намекунам, ки њукумат барои ин кор мухолифати шадид кунад ва имкони ширкати номзади воњиди ИНИТ-ро дар ин интихобт аз байн бибарад. Зеро номзади воњид як хонум аст. Ва агарки ба њамчунин чорае њукумат даст бизанад, шармандаи дохил ва хориљ хоњад шуд, ки дар баробари як хонум наметавонад майдондорї бикунад. - Оё Бобоназарова шонсе барои пирўзї доранд? - Шонси пирўзии Бобоназарова хеле зиёд аст. Ў дар воќеъ дар сањнаи сиёсати калони кишвар як чењраи нав мебошад. Ваќте љомеаи Тољикистон аз ин њама мањрумиятњои иљтимоиву њуќуќиву сиёсии беш аз бист сола ранљу азият мекашад, вориди корзор шудани њамчунин чењра аломати аввали шонси пирўзии ў ва пирўзии интихобкунанда низ њаст. Чун мардум дигар навигарї ва дигаргунї ва ислоњот мехоњанд; њамн чизе, ки њукумати феълї ва кондиди он аз иљрои он ољиз аст. Дигар инки дар Тољикистон дарсадии интихобкунандаи зан аз мард бештар аст ва ин њам як бурди хонум Бобоназарова хоњад буд. Њамчунин хонум Бобоназарова бо онки аз пуштибонии ду њизби умдаи мухолифи кишвар ва шахсиятњои мўътабари љомеа бархўрдор аст, раъйи ќишри норозиёни аз шароити мављударо њатман ба даст меоварад. Ва ин ќишри норозї, ба боварии том метавонам бигўям, ки аз 70 дар сади интихобкунанда бештар аст. Аслан онњо на як ќишр, балки оммаи мардуманд. Ба эњти-

моли зиёд кишварњои таъсиргузори беруна аз ќабили Русия, Амрико, Љумњурии Исломии Эрон ва Ўзбакистон њам дахолат ба раванди интихобот нахоњанд кард ва аз кадом номзади алоњида пуштибонї намекунанд. Балки баръакс, бубинед аз онки номзадии хонум Бобоназарова аз тарафи ЊНИТ, як њизби мазњабї, пешбарї шуд ва аз онки ў дар гузашта дар намояндагињои созмонњои ѓарбии муќим дар Тољикистон масъулиятњое муњимро бар ўњда дошт, хориљињо низ эњсоси ризоият дошта бошанд. Вале боз њам муњим ин мардуми Тољикистон аст, ки сахт аз њолати якнавохт хаста шудааст ва дар суроѓи як шахси нав ва як чењраи тоза мебошад. Дар сўњбати имрўзаи хонум Бобоназарова дар анљумани ЊНИТ хелењо пай бурданд, ки ин ў метавонад дар њар давра ва дар њар маъракаву љаласа интихобкунандаро ба худ љалб ва љазб созад ва мутаќоид созад, ки ба ў бо дили пур мешавад бовар кард. Сўњбатњои хонум Бобоназарова дар Анљумани ЊНИТ борњо бо кафкўбињои ба истилоњ бардавоми вакилон истиќбол шуд. Ў бо забони фасењу мантиќи ќавї ва хеле самимиву одї њарф зад. Дар минбари Анљуман тавре меистод, ки ба худ ва тасмими худ итминон дошт, возењ буд, ки иродаи матин ва азми устувор дорад, ки барои як шахсияти сиёсї, ки муддаии маќоми олии кишвар шудааст, ин хасоил сахт муњим аст. - Хеле хуб, њоло барои ин ки эшон пирўз шаванд, ба назари шумо бояд Иттињоди нерўњои ислоњхоњ чї кор кунанд? Пешнињоди шумо чист? - Танњо коре, ки нерўњои ислоњотхоњ метавонанд анљом дињанд ин аст, ки орои ба хонум Бобоназарова додаи мардумро саришта кунанд, то аз тарафи кондиди њукумат ба сирќат бурда нашавад. Мушкилтарин ва душвортарин коре, ки ислоњотхоњон бояд ба иљрои он муваффаќ бишаванд њамин аст. Чун љомеаи кишвар аз вазъи мављуда хаста шудааст, дигаргунї мехоњад. Ва азбаски хонум Бобоназарова номзади асосии раќиб ба номзади њукумати феълї хоњад буд, мутмаинам, ки аксарияти мутлаќи раъйи мардуми Тољикистонро, чи дар дохил ва чи дар хориљ, ба даст хоњад овард. Дигар инки, бо истифода аз имконият ва

фурсате, ки шумо бародари арљманд бароям додед, ман аз тамоми њизбу њаракатњо, аз тамоми шахсиятњо ва чењрањои маъруф даъват ба амал меоварам, ки аз номзади воњиди ИНИТ љонибдорї кунанд. Мо дар як марњилаи басо њассос ва мураккаб ба сар мебарем. Ба хотири ободии ватан, ба хотири рањої аз низоми идораи ѓайримардумї, ба хотири онки битавонем аз султаи як оила ва як низоми худкома халос бишавем, бояд ва вољиб аст, ки барои пирўзии бону њамаи тавони худро ба харљ дињем. - Бо номзадии бархе аз чењрањо аз дигар ањзоб мисли Њизби демукрот, ба назаратон оё орои мухолифон таќсим намешавад? - Њизби демократи Тољикистон, он њизби собиќ нест. Ва њоло њеч таъсире ба натоиљи интихобот ва аз љумла орои илоњотхоњон гузошта наметавонад. Ва њамчунин баъид аст битавонад имзои лозимро барои номзади худ љамъоварї кунад. Вале агар, ки ин саддро бишикаст ва кондиди интихоботиаш ба сабќат ворид шуд, пас суоли шумо метавонад посухи дигар дошта бошад. Яъне мутмаин бошед, ки паси ин кор њукумат меистад ва ба хотири чапѓалат додани интихобкунанда ва маљомеи байнулмилалї аз орои номзади воњиди мухолифин бар суди ин њизб коњиш хоњад дод. - Шумо имрўз сухангўи номзади воњид таъйин шудаед, оё ин тасмими иттињод буд, ё тасмими хонум Ойнињол Бобоназарова? - Масъалаи вогузории масъулияти мазкур ба дўши банда нахуст дар сатњи роњбарияти ИНИТ баррасї ва њаллу фасл шуда, ки дар кори он ширкат надоштам. Сипас дар љаласаи васеи ИНИТ, ки зери рањбарии Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ сурат гирифт, ба муњокимаи умум гузошта шуд ва бидуни њеч мухолифате аъзои боќии ИНИТ низ пазируфтанд. То љое шунидам, ба њангоми баррасии масъала дар сатњи роњбарияти ИНИТ, Рањматулло Зоиров, раиси ЊСДТ пешнињод кардааст ин масъулият ба зиммаи банда гузошта шавад. Хонум Ойнињол Бобоназарова, ки аз солњои ќабл бо эшон ошної дорам, бо ризоият ва хушнудї аз ин пешнињод љонибдорї карданд. Суњбати Саидюнуси ИСТАРАВШАНЇ


6

ДАРДЊОИ ХАЛЌ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

ти ду - сеошёна бунёд намоянд, ки арзиши сохтмонии онњо њудуди 40 - 50 њазор доллари амрикої тахмин зада мешавад? Ин коршинос мегўяд, баръало маълум мегардад, ки таќсимоти замин дар Хуљанд бо шевањое сурат мегирад, ки хоси ин минтаќа аст ва масъулин бошанд њадс мезананд, ки сокинон бояд хонањои ду ва се ошёнадор бунёд кунанд, то солиёни сол аз бехонагї берун оянд. Вале суоли матрањ ин аст: мардуме, ки товони харидани як хонаро бо арзиши бамаротиб камтар аз сохтмони манзилњои дуошёна надорад, чї гуна метавонад, чунин манзил бунёд намояд? Ин њарфи масъулин њам ба он маќсад ва мазмун садо медињад, ки умдатан дар мањаллањои навбунёд дар Хуљанд нафаро-

« ЗАМИН АЗ КИСТ: САРВАТМАНД Ё ЭЊТИЁЉМАНД? Маќомоти бахши манзил дар њукумати Хуљанд мегуянд, наздик ба 3800 сокини шањр мехоњанд соњиби ќитъаи замин барои манзил бошанд. Ѓайрат Эшонќулов, сарвари бахши манзил дар њукумати Хуљанд мегўяд, ин оилањо дар шароити ногувори манзил ба сар мебаранд ва барои бењтар намудани шароити зист барои гирифтани ќитъаи замини наздињавлигї дар њукумати шањр навбат гирифтаанд. Вай афзуд, ин афрод имкони харидани њатто хонаи якњуљрагї дар биноњои ошёнадорро надоранд ва ба ин хотир, ба маќомот ариза пешнињод кардаанд, то ба онњо замини наздињавлигї људо намоянд. Аммо ба назар мерасад, таќсимоти замин дар Хуљанд чун дигар манотиќи Тољикистон умдатан тавассути муносибатњои коррупсионї њаллу фасл мешавад, то роњњои муќаррарнамудаи ќонун.

Отифа Солиева, як сокини шањри Хуљанд мегўяд, аз давутозњои њамсоягонаш, ки дар њамсоягї дар бинои ошёнадор ба сар мебаранд, маълум намудааст, ки бидуни пуштибон ва маблаѓ аслан маќомот ба эњтиёљманди манзил соњиби замини наздињавлигї шудан душвор аст. Отифа њоло њамроњи се фарзанд ва ду келинаш дар як хонаи се њуљардор дар Хуљанд зиндагї мекунад. Ў мегўяд, умед надорад, ки барои ў барин хонаводањое, ки дар шароити танги манзил умр ба сар мебаранд, маќомот замин људо кунанд. Аз сўњбатњои мардум маълум мешавад, ки барои хонаводањои нодор гирифтани замини наздињавлигї мушкил будааст.

Оё онњое, ки солиёни дароз имкони харидани лоаќал якхуљрагиро надоранд, ки феълан 14 - 18 њазор доллари амрикої дар Хуљанд нарх мешавад, дар њукумати шањр барои гирифтани замин навбат мепоянд, магар метавонанд иморати ду - сеошёна бунёд намоянд, ки арзиши сохтмонии онњо њудуди 40 - 50 њазор доллари амрикої тахмин зада мешавад?

«

Чанде ќабл њукумати шањри Хуљанд ба мардуми шањр замин таќсим намуд ва ба назар мерасад, аксар онњое, ки соњиби замин шуданд ва дар он хонањои дуошёнагї бунёд намуданд, афроди пулдору сарватманданд, на эњтиёљманд. Ашраф Тољиев, коршиноси мањаллї мегўяд, замини наздињавлигї бештар ба мардуми сарватманд дастрас аст, на эњтиёљманд: - Агар чунин нест, оё онњое, ки солиёни дароз имкони харидани лоаќал якхуљрагиро надоранд, ки феълан 14 - 18 њазор доллари амрикої дар Хуљанд нарх мешавад, дар њукумати шањр барои гирифтани замин навбат мепоянд, магар метавонанд имора-

ни мансабдор ва кормандони маќомоти ќудратї амсоли додгоњу додситонї чунин сохтмонњо доранд ва ин њама дар назди халќ ва мардуми эњтиёљманд маълум нагардад. - Сохтмони хонањои ду се ошёнадор дар мањаллањои нави Хуљанд худ далели ин аст, ки замин бештар фурўхта мешавад ва ба он афроди пулдор ва сарватманд дастрасї дошта метавонанд, - мегўяд коршинос. Чанде пештар њам Ољонсии зидди фасод дар Суѓд чандин њолатеро ошкор карда буд, ки нафароне аз кормандони кумитањои заминсозї дар фурўши ѓайриќонунии замин муттањам дониста мешуданд.

коннопазир гаштааст. Мо аз дигарон чї камї дорем, мо њам мехоњем фарзандонамон дар баробари дигар халќиятњое, ки дар Тољикистон зиндагонї мекунанд соњиби савод ва љойи кори хуб бошанд, - мегўяд Эргашой Тўраќулова. Колељи омўзгории ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон, ки аслан ноњияњои Носири Хусрав, Шањритус, Ќубодиён ва Љиликулро бо омўзгорони синфњои ибтидої таъмин мекунад, ин равандро ба инобат гирифта, имсол сиёсаташро таѓйир дод. Бин ба гуфтаи Сафаралї Рањимов, директори ин Колељ, сол ба сол кам гаштани довталабон ба ихтисоси омўзгори забони ўзбекї, боиси гардид, ки дар колељ имсол гурўњои забони ўзбекиро банданд: -Њамасола ќисме аз он нафароне, ки гурўњои забони ўзбекии колељро хатм менамуданд, бекор мемонданд, ба њамин хотир, мо

њам тасмим гирифтем, ки сар карда аз соли хониши имсола, гурўњи забони ўзбекиро бандем. Ва ба љойи он гурўњи тањсилоти то мактабиро ба роњ мондем, - мегўяд Сафаралї Рањимов. Дар Колељи омўзгории Ќубодиён, ки аз соли 1998 инљониб амал мекунад, айни замон зиёда аз 400 донишљў аз рўи ихтисосњои муалими синфњои ибтидої, забони давлатї, забони русї, забони англисї ва тањсилоти томактабї - мурабии боѓчаи кўдакона бо тањсил фаро гирифта шудаанд. Аммо коршиносони мањаллї ин нуктаро зикр мекунанд, ки мактабиёни ўзбактабор барои идомаи тањсил дар мактабњои олї ба далели ноошної бо забони тољикї метавонанд ба мушкил дучор оянд, зеро онњоро дар Ўзбакистон ќабул надоранд ва Тољикистон заминаи тадриси онњоро дар њама бахшњо, ба љуз омўзгорї надорад. Ва интихоби онњо аз ноилољист.

Ќањњори ОЛИМ

НОИЛОЉОН Чаро ўзбектаборони Хатлон дар мактаби тољикї хондан мехоњанд? Шуъбаи маорифи ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон мегўяд, машварати августии омўзгорон бо хоњиши дастаљамъонаи ањолии ўзбекнишини ин ноњия тасмим гирифтааст, дар соли љорї дар тамоми муассисањои таълимї хонандагони ин минтаќањоро ба синфњои тољикї ќабул кунанд. Бино ба гуфтаи Сайфиддин Садриддинов, мудири шўъбаи маорифи ноњияи Шањритус, дар машварати августии омўзгорон ањолии минтаќањои ўзбекнишин ба унвонии мудири маориф як аризаи дастаљамъона пешнињод намудаанд, ки дар он гуфта мешавад, "…мо мардуми ўзбектабори ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон мехоњем фарзандонамон аз ин ба баъд дар синфњои тољикї тањсил намоянд, ба њамин хотир аз Шумо эњтиромона хоњиш менамоем, ки барои фарзандони мо шароити мусоиди тањсилро фароњам оваред…". - Сабаби ба якборагї чунин иќдом гирифтани ањолии ўзбектабори ноњия дар он аст, ки дар аввали соли хониши гузашта як гурўњи хурди падару модарон бо ариза мурољиат намуда буданд, то фарзанданашон дар синфњои тољикї тањсил намоянд. Мушоњидањо нишон доданд, ки он хонандагони ўзбектаборе, ки дар синфњои тољикї ќабул карда шуда буданд, дар муќоиса ба он хонандагоне, ки дар синфњои ўзбекї мехонаданд, са-

тњи донишашон боло рафтааст, -мегўяд Сайфиддин Садриддинов. Вай мегўяд, иллати аслии дар сатњи паст ќарор гирифтани сатњи саводнокии хонандагони синфњои ўзбекї норасоии адабиёти дарсї ва мутахасисони баландихтисос мебошад. Мањмадназар Хољаев, директории мактаби тањсилоти миёнаи умумии №29-и ноњияи мазкур, аслан дузабона мебошад, мегўяд, ки ин иќдом аз љониби падару модарон ба хушнудї ќабул карда шудааст. - Зимни суњбатњо бо падару модарони хонандагон онњо љонибдории худро ба он асоснок мекунанд, ки Љумњурии ўзбекистон сиёсаташро дар инсбати њамсояи худ таѓйир додааст ва ин раванд боиси воридоти адабиёти дарсї ва идома додани тањсили фарзандонашон дар донишгоњу донишкадањои ўзбекистон ба мушкили мувољењ гаштааст...", -мегўяд Мањмадназар Хољаев. Эргашой Тўраќулова, як сокини љамоати дењоти "Пахтакор"-и Шањритўс мегўяд худаш имсол писари хурдияшро ба синфи тољикї супоридааст, то дар оянда бо забони давлатї хуб суњбат карда тавонад. - Њозир дар ягон мактаби олии Тољикистон фарзандони мо наметавонанд бо забони давлатиашон тањсил намоянд, ба замми ин, тањсил дар кишвари њамсоя њам ќариб им-


МАОРИФ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

7

Аз 1 сентябри соли љорї бо фармони президенти Тољикистон маоши кормандони соњаи буљавии кишвар - 25% ва омўзгорон 30% баланд шуд. Аммо омўзгорон мегўянд, донистани маоши онњо, ки аз руйи тањсил ва категория сурат мегирад, на њамеша ва сари ваќт аз тарафи шуъбањои маориф ошкор карда мешавад. Аз Фатњиддин Исмонов, муовини вазири маорифи Тољикистон нахуст пурсидем, ки ин фармонро шарњ дињад: - Бо фармони Президенти Тољикистон маоши кормандони муассисањои томактабї, тањсилоти умумї ба андозаи 30% ва дигар муассисањои соњаи маориф, ки аз њисоби буљет маблаѓгузорї мешаванд, 20% зиёд карда шуд. Фармони Президент бозгўи аз он мекунад, ки њукумат ба соњаи маориф таваљљўњи бештар дорад. Бубинед, соли гузашта маоши муаллимон 60% баланд шуд ва имсол 30%. Яъне дар ду сол музди онњо 90% баланд шудааст. Президенти кишвар соли 2011 ваъда дода буд, ки дар се соли оянда музди мењнати муаллимонро 100% зиёд мекунад. Хушбахтона, се сол нагузашта, дар муддати ду сол ин ваъда иљро шуд. Танњо барои чор моњи имсол барои пардохти музди мењнати кормандони соња ба таври илова аз буљет 125 миллион сомонї људо шудааст. - Њоло андозаи маоши маллимон аз руйи тањсилот ва категория ба куллї фарќ дорад. Чаро? - Њанўз соли 2007 сохтори музди мењнатии муаллимон куллан таѓийр ёфта, 16 намуди иловапулї, ки ба кормандони соњаи маориф пардохт мешуданд, ба базаи ягона илова карда шуд. Албатта, на њамаи иловапулињо ба як омўзгор пардохт мешуданд. Ин боиси нодуруст банаќшагирии фонди музди мењнат ва сўистифода аз он низ мегардид. Алњол музди мењнати омўзгорон вобаста ба тањсилот ва дараљаи тахассус (категория) муайян шуда, ба омўзгор барои санљиши дафтар 20%, роњбарии синф - 15% ва мудирии кабинет - 10 % иловапулї пардохт карда мешавад. - Фарќияти маошњо дар чист? Аз рўи кадом меъёр онњо маош мегиранд, дар њоле ки шояд њама як њаљми корро иљро кунанд? - Ваќте омўзгор ба фаъолият шурўъ мекунад, маошаш фарќ дорад. Хатмкардаи мактабњои олї аз коллељњо ва омўзишгоњњо маоши баланд мегирад. Масалан, агар дипломи коллељ дошта бошад 368 сомонї, агар тањсилоташ олист, 649 сомонї маош мегирад. Дараља ё категория якум, дуюм ва сеюм ва аз ин њисоб маоши иловагї њам гирифта мешавад. Њоло маоши њадди аќали муаллимон атрофи 100 доллари амрикої ќарор дорад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки маоши мазкур барои пўшонидани харољоти рузгорашон пурра мерасад. Вале, боз њам такрор шавад, гуфтаниям, музди мењнати омўзгорон нисбати соли чанд соли пеш ќариб дањ маротиба зиёд шудааст. Муаллимон метавонанд, 1, 5 баст дарс гиранд ва аз ин њисоб маошашон боз зиёд мешавад.

Фатњиддин ИСМОНОВ: "ОМЎЗГОРОН БА МАКТАБЊО БАРМЕГАРДАНД" - Муаллимањо шикоят доранд, ки ба онњо гањворапулї ва "декрет"-пулї пардохт намешавад, агар шавад баъди интизорињои зиёд. Сабаб чист? - Масъалаи гањворапулї ё кўмакпулињо ба муаллимањо ба вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї бештар рабт дорад. Таъмини музди мењнат ба њангоми "декрет" ё рухсатї ба сабаби таваллуди фарзанд салоњияти муассисае аст, ки дар он муаллима кор мекунад. Ба муаллимањо њангоми таваллуди фарзанд 1,5 соли музди мењанат пардохт мешавад. Се моњи аввал ќариб ба андозаи музди мењнати омўзгор ва се моњи дигар барои кўдак ёрдампулї пардохт карда мешавад. Инчунин, 1,5 соли дигар, яъне то сесола шудани кўдак, љойи кори вай нигоњ дошта мешавад (то баргаштани худаш). Азбаски се сол имкони љойи ўро холї нигоњ доштан нест, дар сурати баргаштан ба љойи кори муздаш баробар таъмин карда мешавад. Инчунин, ба кўдакон аз оилањои камбизоат кўмакпулї низ пардохт мешавад ва вообаста ба ин дар муассисањои таълимї комиссияњои махсус амал мекунанд. - Пўшида нест, ки дар кулли сохторњо фаррошон бонувонанд, дар соњаи маориф њам. Оё имтиёзи фармон ба онњо њам дахл дорад?

-Бале, музди мењнати онњо њам бо њадди миёна баробар, 25% баланд бардошта шуд. Агар пеш 250 сомонї маош мегирифтанд, акнун 50 сомонии дигар илова шуд. Агар 200 сомонї маош мегирифтанд, 50 сомонии илова шуд. Дар бисёр муассисањо аз сабаби он, ки маоши фаррошон кам буд, ду- се нафарро дар бастњо менавиштанд, аммо як фаррош корњоро иљро мекард ва маоши ин ду се нафарро мегирифт. Бинобар ин мактаб метавонад њам басти вазифаро муайян кунад ва њам андозаи маоши вайро. - Маоши устодони мактабњои олї чї? - Мактабњои олї ба ѓайр аз маблаѓгузории давлатї сарчашмањои молии дохилии худро доранд, ки аз ин њисоб њам маош мегиранд. Аз рўи шартнома донишљў ќабул мекунанд, аз ин хотир, маоши муаллимони худро баланд бардошта метавонанд. Њоло як устоди мактаби олї 4 њазор сомонї маош танњо барои як баст мегирад. - Стипендияњои мактабњои миёна, олї ва касбї њам баланд бардошта мешавад? - Бале. Аз якуми сентябри соли равон донишљуёне, ки ба бањои панљ тањсил мекунанд, 139 сомонї ва барои бањои 4 ва 5 - 79 сомонї мегиранд.

- Ба наздикї Ќонуни нави маориф ќабул шуд. Он барои муаллимони љавон имтиёзњои зиёд пешбинї кардааст. Метавонед ин имтиёзњоро шарњ дињед? - Бале. Ќонуни нави маориф ба онњо аз љумла ќитъаи замини наздињавлигї ва кўмак барои сохтмони манзили зистро пешбинї кардааст. Инчунин аз буљет барояшон ќарзи имтиёзнок дода мешавад. Барои муаллимони љавон, ки дар дењот фаъолият доранд, иловапулї пешбинї гардидааст. - Баланд бардоштани маоши муаллимон то куљо ба бозгашти онњо таъсир гузошт? - Њоло мо маълумоти даќиќ дар бораи бозгашти онњо надорем. Охири моњи сентябр маълум мешавад. Аммо мо имрўз мебинем, ки шумораи хоњишмандон, ки мехоњанд њамчун омўзгор кор кунанд, зиёд мешавад. Талабот ба ихтисосњои омўзгорї низ соли равон нисбат ба солњои пешнин зиёдтар буд. Бисёр ваќт норасоии омўзгор ба он вобаста аст, ки баъзе аз омўзгорон моњи май ба муњољирати кории мавсимї мераванд ва одатан моњи октябр аз муњољират бармегарданд. Мусоњиб Њарамгули ЌОДИР

САДОИ МАРДУМ

ОЙНИЊОЛ БОБОНАЗАРОВА ДАР ЉОИ АВВАЛ

8%

Ба интихобот намеравам!

17%

Ба ?еч кадомашон

17%

Эмомал? Ра?мон (? ХДТ)

Ра?матилло Зойиров (? СДТ)

Ойни?ол Бобоназарова (ИНИТ)

51%

Натиљаи пурсиш муайян кард, ки аксари пурсидашудагон - 51 дарсад (461 нафар) аз номзади пешнињоднамудаи ИНИТ - Ойнињол Бобоназарова, ки аввалин номзади зан ба маќоми президентї дар таърихи Тољикистон аст, раъйи худро медињанд.

8%

Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони "Ба кадоми ин номзадњо дар интихобот раъй медињед?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 17 (151 нафар) дарсад гузинаи "Эмомалї Рањмон, президенти кунунии кишвар"-ро интихоб кардаанд. Аммо 17 дарсад (151 нафар)-и дигар роњбари ЊСДТ "Рањматилло Зойиров"-ро пахш намудаанд. Дар њамин њол, 8 дарсад (74 нафар) аз иштирок дар интихобот дилсард гаштааст ва варианти "Ба

интихобот намеравам!"-ро килк намудаанд. 8 фисад (69 нафар) аз ширкаткунандагони ин пурсиш ягон нафарро муносиб ба курсии президенти намедонанд ва варианти "Ба њељ кадомашон" - ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии TojNews гузаронида шуд, ки дар он 906 нафар иштирок кардааст.


8

ИНТИХОБОТ-2013

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

"БОЗЁФТИ НУРЇ" Гузориш аз анљумане, ки барои номзади тасдиќшуда даъват гашт

17-уми сентябр, расо пас аз як њафтаи љаласаи Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон (ИНИТ), ки мухолифони њукумати Тољикистон номзади ягона ба маќоми президентиро муайян намуданд, ЊНИТ вакилонашро аз шањру ноњияњо барои ширкат дар Анљумани 10-уми њизб ба хотири пешнињоди номзад ба маќоми президентї даъват кард. Агар гўем, ки даъвати 500 вакили ЊНИТ ба Анљуман "ради галочки" буд, шояд хато набошад.Чунки вакилони мўњтарами ЊНИТ аз Хоруѓу Ванљ, Ашту Рашт, Масчоњу дигар ноњияњо дар баробари як амали иљрошуда даъват шуда буданд. Аллакай њама медонист, ки Ойнињол Бобоназарова номзад аст.

ЊНИТ аз се сол ќабл омодагї гирифтааст. Зеро Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ пас аз интихоботи парламентї гуфта буд, ки барои интихоботи президентї аз њоло омодагї дорем. Аз ваќти ваъдагї тахминан 7-8 даќиќа гузашта буд, ки Њољї Акбар Тураљонзода, Муњиддин Кабирї ва Ойнињол Бобоназарова аз дари толор ворид шуданд. Аз паси онњо Њољимуњаммад Умаров, Мањмудљон Ќосимов ва Саидумар Њусайнї дохил шуданд ва њамагї ба мисли маслињати пешакї дар курсињои раёсати Анљуман љой гирифтанд. Курсие барои Рањматилло Зойиров холї монд. Ќаблан, дар мањфилњои бузурги ЊНИТ шахсан худи сафирњо, ё намояндагони баландмаќом аз сафоратњои Эрон, Афѓонистон ва кишварњои аврупої ширкат мекарданд. Ин навбат намояндањои ношиносе аз корпусњои дипломатї ширкат доштанд. Танњо сафир аз љопонињо буд, ки дар сафи пеш менишаст. Анљуман бо тиловати ояњо аз Ќуръони карим оѓоз шуд.

Оѓози бидуни ташвиш

Мисли МН: "Зид нест!"

Дар даъватнома ба Анљумани ЊНИТ оѓози љаласа соати 9 навишта шудааст. Бештар аз як сол аст, ки барои навиштани гузориш ба мањфилњои ЊНИТ нарафтаам. Аз таљрибаи чанд сол ќабл ба он фикр будам, ки барои мошинро ба љое гузоштан љой намеёбам. Аммо ин тавр набуд. Њатто барои мошинам љойи соя ёфтам. Ба дари бинои ЊНИТ наздик шудам, он шањомату пешвозгирии солњои ќаблї набуд. Њатто милисае дар наздикињо наменамуд. Соат ба 8:50 наздик мешуд. Пештар аз ман чанд хабарнигори телевизионњои давлатї вориди бино шуданд, танњо Абдуќањњори Давлат машѓул ба пешвозгирї ва аз ќайд гузарондани онњо буд. Абдуманнон Додоев, рањбари дастгоњи КМИРро мебинам, ки мисли як масъули муваззафшудаи ЊНИТ аз хабарнигорон мепурсид, ки аз куљоянд… Ороиши толор муќаррарї бо Анљумани ќабл аз интихоботи парламентї дар соли 2010, ки дар Кохи Љомї баргузор гардид, муќоисаношаванда буд. Наметавон гуфт, барои интихобот

Пас аз тиловати ояњо аз Ќуръони каримМуњаммадалии Њайит, муовини раиси ЊНИТ ба минбар баромад. Бо садои омирона ва солорона пас аз њамду сано ба Худо боз шудани Анљумани 10-уми ЊНИТ-ро эълон намуд. Ба худ мегуфтам, садои Хўљамќулов дар назди ин садо њеч аст. Муњаммадалии Њайит гўї мактаби хоси бюрократиро гузашта бошад. Амалњои ибтидоии оѓози Анљуманро моњирона мегузаранд. Оѓози љаласа аз маљлисњои маъмулии њукуматиёну вакилони парламент фарќе надош. Чунин садоњо баланд мегардид: "якљоя ба овоз монда шавад","зид нест","њайат якдилона ќабул шуд". Дар рўзномаи Анљуман як масъала буд: пешнињоди номзад ба маснади президенти ЉТ. Рўзномаи Анљуман низ бебањс ќабул гардид. Гимни Тољикистон бематн бо мусиќї садо дод. Муњаммадалии Њайит пешбарии минбаъдаи кори Анљуманро ба бародар Муњиддин Кабирї дод. Одатан вожаи "бародар" ва "устод" дар љаласањои ЊНИТ ба љои "рафиќ"-и коммунистњо истифода мешавад.

Бародар Кабирї ба минбар меояд

Ваќте Кабирї ин суханњоро мегуфт, толорро мављи кафкўбї фаро гирифт. Аз ин суханони ў гўё истиќбол мекарданд...

Муњиддин Кабирї дар суханрониаш нуктањое нагуфт, ки барои шунавандаи ў нав бошад. Њатто барои вакилони њизб, ки аз ноњияњои дурдаст омада буданд. Касеро ба ваљд намеовард. Ў аз он гуфт, ки агар њукумат ба ањдаш пойбанд мебуд, мо бо онњо њамкорї мекардем. Аз фаъолияти ИНИТ-у аъзои он сухан кард. Чаро ЊНИТ номзад пешнињод накард ва аз номзади ягона дастгирї кард? Посух ин буд, кибо мурољиат ба вакилон гуфт, "шумо ба мо эътимод кардед, масъулияти њибзро супоридед, мо њам ба шумо бовар дорем, бояд ин эътимоди муштарак ба њадде бошад, ки дар тасмимњои якдигар шак надошта бошем". Эътироф њам намуд, ки тасмими осон нест, ки як њизби исломїпўштибонї аз як хонум кунад. Дар сатњи минтаќа, дар сатњи кишвар, дарљањон чунин њодиса шудааст, ё не, вале њадди аќал дар љомеаи суннатии мо ин кори осон нест. Аз номи Шўрои сиёсии ЊНИТ ва њамчун вакил номзади ИНИТ - Ойнињол Бобоназароваро ба Анљуман пешнињод кард.

Номзад барои давраи гузариш

Бобоназарова "бозёфти Нурї" Барои муааррифии Ойнињол Бобоназарова ба нањзатиён Муњиддин Кабирї аз фаъолияташ дар Коммисияи ошти миллї ёд кард. Он замон њукумат ба мухолифон вазифаи муовини прокурори генералиро пешнињод мекунад. Чандин нафар барои ин вазифа талабгор мешаванд. Аммо Саид Абдуллоњи Нурї баОйнињол Бобоназарова пешнињод мекунад, ки вазифаи мазкурро ќабул кунад. Вале посухи Бобоназарова чунин будааст: "Як умр њуќуќшинос кор кардам ва адвокат будам. Тамоми умрам мардумро сафед кардам, наметавонам сиёњкунанда бошам. Табиати ман сафедкунанда аст".

Дар интињои суханрониаш Муњиддин Кабирї аз хоњишњои консепсияи ИНИТ сухан кард, ки ба он њамсон аст: "Мехоњем, ки дар Тољикистон озодї, баробарї ва адолат бошад. Мехоњем, ки њама шањрвандони ин кишвар худро соњиби ин ватан њис кунанд. Мо намехоњем, ки як гурўњ барояшон зиндагї кардан, аз тамоми имтиёзњои ин ватан истифода кардан, биснеси озод кардан, рафтуои озод кардан дошта бошанд, боќимонда њатто барои ин корњоро кардан бояд аз касе иљозат гиранд. На аз ќонун, ќонун бањама ин иљозатро додааст. Бояд аз як нафаре, ё аз гурўње барои ин корњо иљозат гиранд, ки мо инро намехоњем. Мо мехоњем, ки аз ин давраи гузариш аз авторитаризм, ки воќеан бо тамоми маънии калима, мутаассифона, Тољикистон вориди низоми авториртарї шудааст, як давраи гузаришро паси сар кунем. Вориди марњилаи демократї шавем, ки мардумаш озод ва интихоботњояш шаффоф бошад. Ягон мансаби давлатї меросиву дарозмуддат набошад…" Чунин эълон гардид, ки ин номзад бояд дар давраи гузариш давлатро идора намояд.

Вакилон њама мувоффиќанд! Барои ибрози назар ва њатто пешнињоди номзадњо толор ба ихтиёри вакилон гузошта шуд. Даќиќае гузашт, аз 488 вакиле, ки дар толор њузур доштанд, касе њозир нашуд, ки садо баланд кунад. Дар њамин њол буд, ки раисикунанда "смс"е аз Зойировро ќироат намуд, ки сабаби наомаданаш ба Анљуманро шарњ дода гуфтааст, ки нотоб гардида, ањли Анљуманро шодбош мегўяд.


АЊЗОБ Билохира, мўйсафеде, ки раиси бахши ЊНИТ дар шањри Норак будааст, пешсафиро ба даст гирифт. Пас аз ўаз Суѓд, аз Ванљ ва дигарон баромада, тасмими гирифташударо олї арзёбї намуда, дар сифати рањбарият мадњ мехонданд. Њар навбат ин таърифњо аз љониби Кабирїќайчї зада мешуд, аммо њамоно мегуфтанд… Мўйсафеди сарбандїба назди баландгўяк омад. Бо содагии хоси мўйсафеди дењотї"хулоса,њама аниќ аст, мо якдилона хоњарамона, ки дар маљала чоп шудааст, дастгирї мекунем" - гуфту рафт...

Номзадборон Назар Бураков, вакил аз ноњияи Рўдакї, ки дар љаласаи ИНИТ суханронии пурэњсосе карда, аз Њољї Акбар Тураљонзода, Муњиддин Кабирї даъват намуд, ки номзадиашонро монанд, ин навбат номзадии Њољї Акбар Тураљонзода ва Мањмудљон Ќосимовро пешнињод намуд. Дар идома зикр кард, ки тамоми сенарияи бузургони гузаштаи ЊНИТ-ро Муњиддин Кабирї навиштааст. Тамоми режусураашро ў бозидааст.Намояндаи ЊНИТ дар Ќумсангир номзадии узви Шўрои сиёсии ЊНИТ Зарафо Рањмониро пешнињод намуд. Дар умум чањор номзад шуд.

Нороњатињо барои Кабирї Дар ин миён вакилоне низ буданд, ки воќеъияти ќабули номзади зан аз љониби шўъбањои ибтидоиро мегуфтанд. Раиси дафтари ЊНИТ

дар ноњияи Ванљ Завќибек Рањмонов ќолабњои мављудаи тавсифиро шикаст. Ў гуфт: "Ваќте ин хоњарро номзад ба маќоми президентї пешнињод шуд, мо норизоятии мардумро дидем, ки мегуфтанд, нањзат дар ин интихобот низ тарсида худро дар зери домони як зан пинњон мекунад. Мо интизор будем, ки раиси ЊНИТ ё муовини он кас Мањмадалии Њайит номзад мешаванд. Акнун, ки имрўз тасмим гирифтед, дастгирї мекунем". Ин вакил танњо набуд, ки чунин сухан мегуфт. Шералї Абдуманнонов, аз ноњияи Ашт аз бардоштњояш дар миёни њаводорони нањзат ва мактуби муњољирон лаб кушод. Ў гуфт, муњољирон аз Русия мактуб навишта гуфтаанд, ки аз номзадии муаллима дастгирї нашавад. Ў мегўяд, бо гурўњи консервативе, ки њастанд, мегўянд, дар сурати муааллима номзад шудан он љуръатро надорем, ки назди мардум рафта, бо ин ришњоямон, бо он таблиѓњоямон, ки бонувонамонро мегуфтем, ки њиљоб пўшед, шарм медорем, ки аз як зани сарлуч дифоъ кунем. Ваќте ин суханњо аз забони вакил садо медод, аз љониби толор шунида мешуд, ки ин воќеъият аст, њатто садое меомад, ки инњо вобаста ба гурўњеанд. Толор љумбида буд. Дар навбати худ, Кабирїба ин гуфтањо посух дод. Ба бардошташ аз вокунишњо дар мавриди пешнињоди номзадии зан баён кард. Дар њафтаи равон ба гуфтаи ў, на танњо суннатињои ЊНИТ балки дунявињое, ки њама пастмониро ба нањзат рабт медињанд, аз ин иќдом интиќод карданд. 50 дар сади ЊНИТ ин тасмимро њазм кард, аммо як гурўњи дунявињо њанўз њам дар ин фикр њастанд, ки як зан дар љомеаи суннатї рањбари давлат бошанд.

Танњо як номзад боќї монд Мањмудљон Ќосимов, бо сипос аз пешнињод номзадиашро пас гирифт. Иброз дошт, ки пешнињоди номзадиаш мантиќ надорад, чунки ў номзадии муаллимаро дастгирї кардааст. Зарафо Рањмонї низ иброз дошт, ки ў яке аз муллифони пешбарии номзади Бобоназарова дар шўрои сиёсии якљояи ЊНИТ ва ЊСДТ мебошад, номзадиашро ба овоз намонд.

Тураљонзода ва шарњи диктатори Зимбабве Њољї Акбар Тураљонзода ибтидо аз он суханро оѓоз намуд, ки чаро номзад нашуд? Далели номзад нашуданашро дар он шарњ дод, ки дар кишварњои минтаќа чењраи исломиро ќабул надоранд. Парадокс аст, ки худро мусулмон дониста, аз исломињо њарос доранд. Тураљонзода дар идома аз омилњои монеъагузорињо дар раванди демократишавии љомеа сухан кард. Ба таъкид гуфт, дар ягон давлати дунё низомњои авторитарї ва диктатурї ба мардум саодатмандї ва барои кишвараш тараќќи-

"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

ёту пешрафтї наовардааст, ки мо - тољикон истисно бошем. Аз кишварњои љануби ќораи Африќо мисол овард. Дар солњои 80-уми асри гузашта дар љануби Африќо ду кишвар буд, яке бо номи Африќои љанубї, ки имрўз њам ба њамин ном њаст, якеи дигар бо номи Родезияи Љанубї, ки њарду давлат низоми нажодпарастї ва авторитарї доштанд. Бо фишори блоки сотсиалистї ва кишварњои ѓарбї дар ин ду кишвар озодї омад. Дар Африќои Љанубї Нелсон Мандела, ки 27 сол барои озодихоњиаш зиндонї буд, президент шуд. Родезияи Љанубї номашро ба Зимбабве таѓйир дод, Роберт Мугабе, ки дастпарвари Шўравї буд, рањбар гашт. Њарду кишвар раванди якхелаи тараќиёти иќтисодї ва бењтарин шароити табиї доранд. Нелсон Мандела бо вуљуди пофишорињои зиёди љонибдоронаш баъди 5 сол дуюмбора номзадиашро ба президентї намонд, аз маќомаш рафт. Дар давоми 35 сол ќариб 6 президент иваз шуд, Африќои Љанубї аз љумлаи 20 кишвари мутарраќии дунё гардид. Мугабеи 90 сола, 35 сол аст, ки президент, кишваре, кибо Африќои Љанубї баробар буд, танњо инфилатсияи пул дар он 180% мебошад. Ќашоќтарин давлат аст. Ин њам дар њолест, ки Љумъахон Давлатов, мушовири давлатии президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонро бо Мугабе муќоиса карда буд. Дар идома Тураљонзода таъкид намуд, ваќте мо љонибдорї аз Бобоназарова ва ислоњот мекунем, талошамон барои наљоти кишварамон мебошад.Дар сифати Ойнињол Бобоназарова гуфт, ў маддоњ набуда, њамеша аз њуќуќу озодињои мардум дифоъ кардааст. Ў гуфт, дар миёни зиёиён Ойнињол Бобоназарова ягона нафаре буданд, ки алайњи ќонун дар бораи танзими расму оин садо баланд карда буданд.

Суханронии таърихї? Ойнињол Бобоназарова бо мављи кафкўбињои бардавом ба минбар баромад. Ин нав бат чењра, ќадамонињои номзад ба маќоми президентї нисбат ба љаласаи ИНИТ боваринок ба назар мерасид. Кафкўбињо ба поён расид. Ў он ќадар ба худ бовар дошт, ки ба толор нанигариста, чизе гуфтанї буд, аммо фањмид, ки салом доданро фаромўш кардааст. - Ассалому алайкум, аввал. Аз дидори њамаи Шумо шод њастам, - чунин оѓоз ёфт суханронии номзад ба маќоми президентї. Суханашро бо он идома дод, ки "фикр накунед, ки аз ин тасмим ман хурсанд њастам. Ба ман, дар оила, аз љониби дўстонам суол мекунанд, туро чї ба исломињо наздик мекунад? Барои ман њам ин чизи одї нест. Медонам, ки масъулияти вазнинро ба душ гирифтам". Баъд аз ин аз пешнињоди номзадшавиаш наќл карда, аз њамкорї бо Нурї ва Њимматзода сухан кард. Маълум буд, ки номзади № 1 ба маќоми президентї беомодагии маъмулї ба минбар омадааст. Вараќчањои суолњои пешнињодшу-

"

Аммо Саид Абдуллоњи Нурї ба Ойнињол Бобоназарова пешнињод мекунад, ки вазифаи мазкурро ќабул кунад. Вале посухи Бобоназарова чунин будааст: "Як умр њуќуќшинос кор кардам ва адвокат будам. Тамоми умрам мардумро сафед кардам, наметавонам сиёњкунанда бошам. Табиати ман сафедкунанда аст".

9

даро гардон карда, дар идомаи суханрониаш посух медод. Бо наќли 1 моњ зиндонї шуданаш ва 3 сол њабси хонагї шуданаш, бо љурми он, ки њамчун исломист табаддулоти давлатї кардан мехост, ба суоле шарњ доданї шуд, ки хиёнаткор нест. Чунки баъди ин чандин кишварњо даъват кардаанду ў барои зиндагї Тољикистонро авло донист.

Бобоназарова ба дили нањзатињо роњ меёбад Нуќтаи кулминатсионии суханронии Ойнињол Бобоназарова барои нањзатињо он буд, ки ў чунин суол гузошт, ваќте Ќонун «дар бораи танзиму расму оин» ќабул шуд, ба масљидњо рафтани наврасонро манъ намуданд, чаро ќозиёт овоз баланд накард? Чаро имомхатибон садо баланд накарданд? Њамон зани сарлуч овоз баланд кард. Ин нуктањо бо садои такбир ва кафкўбї истиќбол шуданд. Ќаблан ваќте чун хабарнигор дар љаласањои ЊНИТ ширкат мекардам, ба љои кафкўбї шоњиди садои такбир мегардидем. Ин навбат на дар суханронии Кабирї, на дар суханронии Тўраљонзода, балки дар суханрони Бобоназарова садои такбир баланд шуд. Бобоназарова таъкид намуд, ки агар президент шавам, њуќуќи ташаббуси пешнињоди ќонунро истифода бурда, пешнињод мекунам, ки ин ќонунњо лаѓв гардад.

Номзади бебарнома Бобоназарова номзадиашро аз он љињат низ ѓайриодї номид, ў барнома надорад. Барномаи ў дар асоси пешнињодњои мардум омода гардида, дар рўи консепсияи ИНИТ рехтаанд. Ў гуфт, агар президент шавам, супоришњои мардумро иљро мекунам: - Агар президент шавам, ислоњоте, ки пешнињод кардед, њамонро иљро карда,њатто барваќтар аз президентї канор меравам. Он тавре мекунам, ки Роза Отунбоева дар Ќирѓизистон кард. Ќолабшиканї мекунам, - гўфт ў.

Суолњои интихобкунанда Аз Ойнињол Бобоназарова зимни суханрониаш чандин суол равон карданд, ки ба баъзеи он рўшод посух дод. Аз љумла пурсидаанд, ки агар президент шавед, ба Кабирї чї вазифа медињед? Ойнињол Бобоназарова: - Ба ягонтааш, вазифа намедињам! Инњо барои идея, барои озодї, адолат ва њаќиќат талош мекунанд! Ваќте суолеро ќироат кард, ки чанд фарзанд доред? Посух гуфт, ки натарсед... Садои ханда баланд гардид. - Беташвиш бошед, њамагї ду фарзанд, як писару як духтар дорам. - Гуфт Бобоназорова.

Интињо Њамин тавр Ойнињол Бобоназарова дар Анљумани 10-уми ЊНИТ бидуни алтернатива номзад ба маќоми президенти Тољикистон пешнињод гардид.

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

Б

а назар намерасад, мушкилоти Сурия роњи њали худро пайдо кард. Бо вуљуди он ки вазирони умумри хориљии Русия ва ИМА баъди гуфтушуниди тўлонї ва барраси роњњои мухталифи берун шудан аз љанги эњтимолї ба ќароре расиданд, ки захоири силоњи кимиёвии ин кишварро муштаракан коњиш ва аз байн баранд, вале дида мешавад, ки талоши Амрико барои њалли низомии бўњрон њамоно идома дорад. Як Ќатъномаи дигар дар шакли лоиња ба баррасии Шўрои амнияти СММ низ пешнињод шудааст ва соате, ки шарњи мазкур навишта мешуд, иддае аз кишварњо, аз љумла Фаронса мекўшид Маскавро моил ба љонибдорї аз он созад. Рўзи сешанбе вазири умури хориљии Фаронса Лорен Фабиус ба Маскав омад то маќомоти ин кишварро ба пуштибонї аз лоињаи пешнињодии СММ мутаќоид созад. Рўзи душанбе Дабири кули СММ ба Шўрои амнияти СММ маърўзаи нозирон оид ба санљиши истифодаи силоњи химиявї дар Сурияро пешнињод намуд ва њамзамон дар изњороти худ Пан Ги Мун рўйдоди истифодаи зарин дар канорањои Димишќро љиноят алайњи башар унвон кард. Фаронса ва Амрико хостори онанад, ки кишварњо ба бўњрони Сурия љиддан муносибат кунанд ва Шўрои амният тадбирњои ќотеътар андешад. Аммо Маскав бар ин назар аст, ки ба Димишќ имкон дода шавад то дар як мўњлати муайян силоњњои химиявии худро нобуд созад.

Барномаи Сурия, ишора ба Эрон Дар доираињои сиёсии Кохи Cафед бар ин назаранд, ки муоњадаи Русияву ИМА дар мавриди Сурия метавонад ба роњбарияти Эрон њам он имконро фароњам оварад, ки сари барномањои њастаии худ бо диди нав андешад. Вашингтон ва Маскав бо ироаи тарњи пешнињодї, ки ќобили ќабули ду љониб буд, шояд бар ин назар њам буданд, ки дар сурати дар Сурия комёб шудан онро метавон барои њали бўњронњои дигар њам истифода бурд. Ѓояи мазкур ба Вашингтон як бори дигар тафаккур сари њалли бўњрон бо Эронро меорад ва Кохи Сафед талош хоњад кард як чунин лоињаи танзими равобит бо Тењронро истисно надонад. Аллакай Барак Обама унвонии президенти Эрон Њасани Рўњонї нома њам ирсол намудаву ишорањое дар ин маврид кардааст. Дар сўњбат бо як ширкати телевизионї Обама тайид кард, ки муколама аз тариќи ирсоли нома миёни ў ва Руњонї сурат гирифтааст. Пас метавон њадс њам зад, ки эњтимолияти мулоќоти сатњи олї вуљуд дорад. Њарчанд љониби Эрон њоло расман мављудияти муколамаи амрикоиву эрониро тайид накардааст. Аз соли 1979, ки пирўзии Инќилоби исломї ба њузури Амрико дар ин кишвар поён дод, ин аввалин бор аст, ки сарвари Кохи Cафед расман ба президенти Эрон нома ирсол мекунад.

ЉАЊОН

ТАЛОШИ ДЎСТЇ БО ЭРОН Тарњи Сурия то кадом њад барои Тењрон муфид аст? Аслан сари ќудрат омадани Њасани Рўњонї, ки аз назари Вашингтон ва муттањидони ѓарбиаш як шахси ислоњгарост, ба назар мерасад тамоилњои наздик овардани дидгоњњо ба мушоњида мерасанд. Вале ирсоли нома ин њоло на ба он маъност, ки ин кишвар мехоњанд ба њалли ихтилофоти худ љиддан камар банданд. Барои Тењрон дар ин марњила коњиши тањримот муњим аст ва низом њоло бар ин кўшост, ки бо ибтикороте моил буданаш сари њалли мусолиматомези барномањои атомиашро нишон дињад. Аз сўи дигар боз њам ирсоли нома ба Њасани Рўњонї ба маънои он нест, ки Вашингтон мехоњад дўсти Тењрон бошад. Ин дар њолест, ки хуб медонад ин гуна дўстиро Љумњурии Исломї ќабул њам надорад. Ва Амрико низ њамвора таъкид дорад, ки оѓози муколама ба маънои он нест, ки њамла ба Эрон аз барномаи амали Кохи Cафед бардошта шавад. Эрон ба муттањидони аслии Сурияи Асадист ва њоло мехоњад бо истифода аз ширкаташ дар њалли бўњрони ин кишвар мавќеъи худро ба љомеаи кишварњои зидахл мустањкам созад ва бо ин васила пули иртиботие барои њалли мусолиматомези барномањои њастаии худро миёни Тењрон ва мамолики Ѓарб бунёд намояд.

Нигаронињо ва умедњо Њоло њатто тањлилгарони амрикої низ бар ин назаранд, ки иртиботи мустаќими сарварони ду кишвар назар ба он ки тањдидњои зўроварона карда шавад, фоидаи бештар дорад. Ин боз дар њолест, ки Кохи Cафед њамвора ба мављудияти наќшаи њалли низомии бўњрони барномањои њастаии Эрон таъкид мекунад. Њатто дар њамон сўњбати телевизионии худ Обама иброз дошт, ки агар ИМА ба Сурия зарба назад, пас ин маънои онро надорад, ки ба Эрон низ њамла намекунад. Тањлилгари амрикої Љон Никел дар маќолае, ки ахиран интишор дод, иброз дошт, ки Вашингтон аз сўе ба равобити њасана бо Эрон дар сурати пайдо кардани роњи њалли барномањои њастаияш талош мекунад ва аз љониби дигар ба Исроил итминон доданї мешавад, ки талошњои амрикої ба маънои он нест, ки давлати яњудї мавзеъгирии шадид нисбати Тењрон надошта бошад. Ба дигар маънї духурагии муносибат бо

Эрон маќомоти Тењронро дар оѓози иќдомњои созандатар њушдор медињад. Метавон ба андешаи ин тањлилгар розї буд. Вашингтон ба њадде бастаи хостањои Исроил аст, ки Љон Керрї шахсан ба Тел-Авив омад ва љузъиёти муоњада бо Русияро аз забони худ ба Натанёњу иброз намуд. Дар мавриди мавзеъгирињои Тењрон дар ќиболи бўњрони Димишќ нуќтаи назарњои дигар њам мављуданд. Барои тањлили он ки ин љо сухан аз манфиат меравад, на аз чизи дигар, коршиноси эронитабори ширкати амрикоии RAND Алиризо Нодир ба ёд меорад, ки замони љанги Эрону Ироќ Тењрон зидди истифодаи силоњи химиявї аз љониби Садом Њусейн буд ва ба созмонњои байналмилалї дањњо далели аз љониби режими Ироќ истифода шудани ин навъи силоњњоро ироа карда буд. Ба дигар маънї он замон мавзеъгирии Тењрон ба мавзеъгирии имрўзаи Вашингтон дар ќиболи Димишќ њамсон буд. Аммо имрўз, ки дар Сурия силоњи химиявї истифода мешавад ва аз зањри он њозорњо тан мемиранд ва месўзанд, Тењрон зидди он аст, ки Сурия муљозот шавад. Зеро ин кишвар аз муттањидони аслии Эрон дар минтаќа аст ва сукути режими Асад муљиби он мегардад, ки низоми дигари муносибат ба хостањои ѓарб рўи кор ояд. Аз ин рў бо тамоми њастї мекўшад, ки ин режим суќут накунад ва зидди њар гуна таљовузи хориљист.

Русия њамеша омодаи хиёнат аст Аммо Русия њам барои Эрон ва њам барои Сурия наметавонад шарики боэътимод бошад. Зеро Маскав чї дар гузашта ва чї имрўз борњо ба созишномањои байналмилалии худ вобаста ба шарту шароити замон хиёнат кардааст. Гирем рўйдоди то њадде њузнангези ба кор андохтани нерўгоњи Бушањрро, ки аз ваќти ваъдашуда хеле дер кашид ва њатто лањазоте њам буданд, ки Маскав мехост аслан дар муоњада таљдиди назар кунад. Кор ба љое њам расида буд, ки Эрон талаб кард Маскав маблаѓи пардохтшуда аз кори анљомнашударо бозпас баргардонад. Дар мавриди дастарс кардани силоњњои дафъи њамлаи мушакї низ мањз љониби Русия борњо хилофи созишномањо амал кардааст. Ва агар њам Сурия ва њам Эрон жарфтар тањлил

кунанд, душмании ошкорои Маскавро ба манфиатњои миллии худ эњсос мекунанд. Чунончї, CA-NEWS (CA) дар тањлиле, ки ахиран интишор дод, аз ду рўйдоди хотирмон наќл мекунад, ки то кадом њадд дўсти Эрон будани Маскавро баръало ба намоиш мегузорад. 25 апрели соли 2010 президенти ваќти Русия Дмитрий Медведев пушти дарњои баста дар Кремл бо вазири умумри хориљаи Арабистони Саудї шоњзода Сауд ибни Файсал дидор кард. Ин мулоќот хеле махфї сурат гирифт ва дар тањлиле "Нигоњ" њам ба дидорњои ѓайрирасмии шоњзодањои Саудї дар Маскав ишора карда буд. Дар мулоќоти ёдшуда аз љониби Арабистон њамчунин сарвари идораи љосусии ин кишвар Мукран бинни Абдулазиз низ ширкат доштааст. Дар њамин дидор љониби Арабистон бо як ваъдаи шифоњї аз сарвари ваќти Русия Медведев хостааст, ки муоњадааш бо Эронро дар мавриди фурўши мушакњои њифозатии С300 лаѓв кунад. Ба ивази ин љониби Арабистон ваъдаи шифоњї додаст, ки аз Русия 150 тонки Т-90, 100 адад чархболи Ми-17 ва Ми-35, 100 зирењпўш ва 20 маљмаъаи зидди њамлаи мушакї ба маблаѓи умумии наздик ба 4 миллиард доллар харидорї мекунад. Њамзамон бо ин, тибќи навиштаи ин нашрия Исроил низ аз Русия хост ќарордоди фурўши С-300 ба Эронро рад кунад ва агар чунин шавад, давлати яњудї ба Русия корхонаи тавлиди навтарин ва мудернтарин тайёрањои бесарнишинро хоњад бахшид. Медведев фирефтаи њамин ду ваъдаи шифоњї амр кард, ки интиќоли С-300 ба Эрон ќатъ карда шавад. Тањлилгар менависад, ки роњбарияти олии Русия чї гуна тавонист ба ваъдаи шифоњии ду кишваре бовар кунад, ки аслан аз љумлаи давлатњои мавриди эътимоди Маскав набуданд ва нестанд ва њатто Исроил ошкоро људоихоњони зидди Русияро маблаѓгузорї мекунад. Ва имрўз њам ки Маскав ба љонибдории Тењрону Димишќ бархостааст, метавон ба ин бовар буд, ки ин њама то пайдо кардани пайти муносиби хиёнат ба манфиатњои миллии худ аст. Маскав дар њар ваќти барояш муносиб омода аст дўстї бо Сурия ва Эронро ќурбонии манфиатњои иќтисодии худ кунад, ки далелаш оварда шуд.

Бобољони ШАФЕЪ


НИГАРОНЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

11

КУШТОРИ ПАЁМДОР Оё кушторњои пурсарусадои ќабл аз сафарњои президент ба Суѓд тасодуфиянд? Дар остонаи ду сафари ахири президент Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд, дар шимоли мамлакат ду њодисаи куштори вањшатангези хонаводагї рух додааст, ки аз чї бошад маќомот дар ошкор кардани онњо муваффаќ намешаванд. Дар нимањои моњи июни соли равон, ваќте президент барои иди зардолу ба Хуљанд ва ноњияи Бобољон Ѓафуров мерафт, яъне ќабл аз ду њафтаи ташрифи ў куштори аъзои як хонавода рух дод. Ин куштор, ки бино ба иттилои расмї, аз сўи афроди мусаллањ содир шуда, дар паи он аъзои оилаи Ањмадхўча Бобоев, соли таваллудаш 1973 ва њамсари 39-солааш - Њаётхон Бобоева, ки соњибкор будаанд, ба ќатл мерасанд. Баъд аз куштори падару модар афроди мусаллањ фарзандони ин хонавода - Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суњробљон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроќи оташфишони тамѓаи АКМ-5, 45-мм ба ќатл расонда, Санљарбеки шашсоларо ба њаммомхонаи њавлии истиќоматиаш мањкам мекунанд, ки аз дуди оташ зањролуд гаштаву ба њалокат расидааст. Пас аз куштори њамаи аъзои ин хонавода гурўњи мусаллањ дари сандуќи оњании дар хонаи истиќомати љойгиршу-

даро шикаста, њудуди 30 000 доллари амрикої љавоњироти тиллоиро тасарруф намуда, бо маќсади рўйпўш намудани љинояти содир гардида, бо истифодаи бензин хонаи истиќоматии Ањмадхўља Бобоевро оташ гиронда, аз љойи њодиса ѓайб задаанд. Куштори оилаи Бобоевњо дар ноњияи Ѓафуров аз њодисотест, ки дар чандин солњои охир назир надорад. Ин њодиса љомеаи Тољикистонро ба шигифт оварда, ба вазъи сиёсиву иљтимої њам бетаъсир намонд. Вале то кунун ин љиноят кушода нашудаву омилони он дасгир нашудаанд. Маќомоти корњои дохилї њарчанд барои ошкорсозии омилони ин њодиса 30 000 доллари амрикої ихтисос доданд, вале бо гузашти ду моњ њанўз љинояткорони он пинњон мондаанд. Сафари президент Рањмон ба устони Суѓд ин дафъа њам бидуни кутори ќаблии пурсарусадо поён наёфт. Як моњи ќабл - шаби 19 ба 20-уми моњи август дар як шабохуни мусаллањона дар љамоати Чоркўњи Исфара дар наздикии марзи миёни Тољикистону Ќирѓизистон љахор узви як хонаводаи тољик Бобо Њаллоќови 61-сола, њамсари ў, духтараш, ки он замон ба мењмонї омадааст ва наберааш ба њалокат расидаанд.

Аммо маќомоти интизомї то ба њол сари рухдоди инчунин њодисаи вањшатангез худдорї меварзанд ва гуфта њам наметавонанд, ки ин љиноят кори дасти кадом гурўњ ва ё афроде буда метавонад. Маќомоти корњои дохилї барои ифшокунандагони ин љиноят љойиза дар њаљми 10 њазор доллари амрикої эълом намудаанд, вале то ба њол тафтишот ба натиљае нарасидааст. Шояд аз њамин сабаб аст, ки коршиносон рухдоди њамчунин ду њодисаи куштори хонаводагиро дар Суѓд ва он њам ќабл аз сафари раисљумњур, бештар аз сиёсї будани љанбањои он њадс мезананд. Бино ба гуфтаи коршиносон, куштори оила ва тасарруфи маблаѓи њаљман калон дар оилаи Бобоевњо дар ноњияи

ба номи Бобољон Ѓафуров љанбањои љиної дорад, вале љиної будани њодисаи куштори чор узви хонавода дар Чоркўњро ба чї иртибот метавон дод? Онњо мегўянд, эњтимол дар ин њодиса, ки дар наздикии марз сар задааст, дасти афрод ва ё гурўњњое аз кишварњои њамсоя бошад ва онњо ба сарњади инчунин њодисањо мухолифати хешро маълум намудаву мехоњанд авзъоро ноором гардонанд. Аммо бархеи дигар тахмин мезананд, ки сар задани ин њодисањо кори дасти афроди мулкї буда, бар чунин амали хеш онњо аз ноадолатињои иљтимоиву иќтисодиву додгоњї паёми норозигии худро ба рањбари Тољикистон расондан мехоњанд. Шояд рўзе ваќт парда аз рўйи ин њодисањо бардорад... Ќањњори ОЛИМ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

БАЊОНА Рўзи сиёњу ќањваи талху сигори талх, Кунљи утоќи корию рўи дивони зард. Рухсора зарду курсї зарду сањфа зард буд, Оинаи девори ман дар зери гард буд. Дар рўи сањфа мисраи шеъри сафеди ман, Чун роњи мўр менамуду кўр гашта буд. Тори асаб дар майнаи ором хўрдаам, Монанди тори кўњнае нољўр гашта буд. Гулрези шишагии ман аз думчаи сигор, Дуди ѓализи борике ихрољ менамуд. Гурги сиёњи сурати рассоми ношинос, Андешаи хоми маро торољ менамуд. Љоми булўри ќањваи талхам, ки сард буд, Нўшидаму дар талхаам талхї зиёд шуд. Гуфтам, ки аз ширинии ќанди лабе хурам, Аз талху шўри зиндагї ќандам зиёд шуд. Дар рўи мизи кориям як мактуби азиз, Аз яъсу ноумедии як зан нишона буд. Хостам зи танги зиндагї азми сафар кунам, Бањри зи худ нарафтанам ин як бањона шуд. ШАБИ МАВЛУДИ ИСО Хонуми афсари рус ёдат њаст, Ишќи мо сархати дафтарњо буд. Дили ман майли дилат дошт, вале Дили ту њампари кафтарњо буд. Хонуми афсари рус ёдам њаст, Љомаи хоби туро бўса задам. Дар рањи омаданат як шаби њаљр, Љогањи хоби туро бўса задам. Њуљраи хоби ту дар ёдам њаст, Сўрати Маряму Исо дорад. Љогањи хоби ту дар ёдам њаст, Накњати атиру упо дорад. Хонуми афсари рус ёдат њаст, Ишќро ошиќи побаста будї. Шаби мавлуди Исо, гўи маро Дар салиби љогањат баста будї?!

ЌИССАИ РОМАНТИКЇ Офтоб њар субњ гўё, Дасту рўяшро ба барфи тозаи Чимтарѓа мешуст. Духтари њамсоя рўи љогањаш Хамёза мекард. Романи романтикиро бўса мекард, Як тараф мемонду меомад лаби љў, Дасту рўяшро ба оби тоза мешуст. Ў намедонист, ки ишќ дар романи романтикї, Романи романтикие беш нест. Ў намедонист мисли бачаи њамсояааш, Ошиќе дилреш нест!

ПАДАРАМ Падарам як марди дењќон буд, Дар баландињо маконе дошт, Доси худро мегирифт њар гањ ба мушташ, Бўса мезад офтоб бар тахтапушташ. Бар саломаш офтоб њар бомдодон, Аз шафаќ меомаду медид рўяш. Чун нињоли ќоматаш њар субњ меруст, Пои ўро шабнами гул тоза мешуст. Њар бањорон љўйњои тоза меканд, Сабзаю себаргаро шодоб мекард. Љои об љон медавид дар оби љўяш, Оби дарёи Зарафшон оби рўяш. Хокро зар менамуд дар зиндагияш, Рафтаасту досу хўрљин интизораш. Боварам н-ояд, ки ў дар хок хоб аст, Дар даруни хўрљинаш досу китоб аст.

ДУ ЃАЗАЛ Ту як бањор нозї, як зимистон ќањр, Гањ уќёнуси оромї гање, чун бањр.

БО ШОИР Ту њамчун бањори дења зебої, Бањоре чун ту набувад дар шањр. Њазор љони ман њаќќи шири модари ту, Њазор љони дигарам чун мањр. Туро таъриф намудам ба модари худ, Бигуфтам: назода чун ту модари дањр. Ман аз лутфи дилбарони дањр беморам, Њамин як нешханди ту бошадам позањр. … Дилам гум мезанад њамчун дили девонаи дарё, Хуморї гаштаам бар чашми љодувонаи дарё. Равам дар соњилаш биншинаму бо ў ѓазал гўям, Паи мављи ѓизоли хушдави љононаи дарё. Хайолам ѓарќи дарё шуд, ки шояд дурр кунад пайдо, Ба ёрї селаи моњї кашам аз лонаи дарё. Замири мо, ки дорад тухми шеър андар бисоти худ, Магар Фирдавсии нав хезад аз домонаи дарё. Шавад,эй кош орам иќтибосе дар ѓазалњоям, Ду њарфе аз ѓазалњои равонбахшонаи дарё. Сари ангушти мўбози ќалам зулфи ѓазал тобид, Парешон мўи маънї гашт рўи шонаи дарё.

ХУДО МЕДОНАД Дар сари як љом ќањва, Ману ту чира ба авзоъи њаво гардидем. Ту ба ман мегуфтї: "Њалќаи дуди сигорат ба њаво мепечад, Пардаи дуд магар чашми Худоро сўзонд,

АБДУВОЊИДИ ЗЕВАР Ки њаво боронист?" Ман ба осмони ду чашми ту назар мекардам, Сўи ман шўълаи хуршеди нигањ механдид. Ба ту гуфтам, ки "Худо медонад". Гуфтї : "Адреси Худо бо мо нест!"

ИНТИЗОР Шуморо интизорам кай меоед? Шабе андар канорам кай меоед? Дар ин даймоњи сарду дилхунукї, Шумо фасли бањорам кай меоед? Шумо гуфтед, ки азми ту ќавї нест, Ба як азму ќарорам кай меоед? Агар оед бароям ханда оред, Нигори хандадорам кай меоед? Шумо гуфтед, ки андар ѓам фурўям, Ѓамотонро барорам кай меоед? Агарчи интизорї бадтар аз марг, Њамеша интизорам кай меоед?

БАРОИ РАЉАБ Барои халќ аст дору мадораш, Дуои мардум ављу барораш. Хохем аз њаќ барори кораш. Кондидати мо Раљаби Мирзо! Раљаби Мирзо кондидати мо! Ў љањд дорад барои мардум, Парвои ў шуд парвои мардум, Пайваста бошад њампои мардум.

Кондидати мо Раљаби Мирзо! Раљаби Мирзо кондидати мо! Хоњад, ки мардон дилшод бошанд, Занњои тољик озод бошанд, Зулму хушунат барбод бошанд. Кондидати мо Раљаби Мирзо! Раљаби Мирзо кондидати мо! Дар ќалби покаш њавои миллат, Њарфу садояш садои миллат, Барномаи ў баќои миллат! Кондидати мо Раљаби Мирзо! Раљаби Мирзо кондидати мо! Озодандеш кандидати мо! Андар сафи пеш кандидати мо! Кондидати мо Раљаби Мирзо! Раљаби Мирзо кандидати мо!

АФСОНАИ РЎЗ Дар "Саховат" њам саховат нест, "Шоњмансур" аз сахо холист. Зиндагї бозор шуд, афсўс, Ќиммате одамгариро нест. Бо њама мошинањои нав ба нав њам, Нест дар дил аз сафедињо гувоње. Шишањоро чун дили худ карда торик То куљо меоварад ин русиёњї?! Чашми рањбарњо ба сўи депутатшав, Чашми мардум њам ба сўи депутатњо. Рањбарон аз депутатњо гашта розї, Мардумон аз депутатњо хўрда латњо. Гарчи худ нашрия бисёр аст, аммо, Журналист аз матбуоти мо гурезон. Олимон рањгум зада дар саргањи илм Оби рў аз оби љўи илм резон. Аз њама мавзуи олї - занфурўшї Духтарон аз бањри ишкам танфурўшї. Шармам аз ин њафтавори рўзнома, Нангам аз ин хомгўињои хома. Хушкии бањри Арал бошад бањона, Як-ду њарфе нонавишта киссањо пур. Кўдаконам гар зи ман афсона хоњанд Матбуот аз инчунин афсонањо пур!


ТАХТАИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

13

БА ТАВАЉЉУЊИ ДАСТГОЊИ ИЉРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГ Аз фурўшгоњи марказии пойтахти Тољикистон - СУМ - и Душанбе дидан кардам. Диќќати маро гўшаи "Тўњфањо - Сувениры" ба худ љалб намуд. Дар ин шўъба њамаи намунаи санъати њунармандии халќии тољикї - зардўзї, кулолї, сангтарошї, либосдўзї, оњангарї, заргарї ва наќќошї ба фурўш гузошта шудаанд. Аз муштариён касе набуд ва фурўшанда - духтари атласпўши тољик чењраи худро дар оинаи дастї ба чашми харидорї тамошо мекард. Аз санъати халќї таваљљўњи маро бештар гўшаи бозичаю тўњфањои кулолї љалб намуд. Кадом як ширкат, муассиса ва ё устои моњир, тарњи персонажи тољикро хандасору шармовар тасвир кардааст: на ќиёфа ба тољик шабоњат дораду на мавзўъ. Кањрамонњои сувенир бештар ба халќи Корея, Ўзбакистон ё тотору турк монанданд. - Ин мањсулоти санъати кулолиро Шумо аз куљо мегиред? Кї ин ќабил "су-

"ХАРСАВОРУ САМБУСАФУРЎШ"

Кї барои тољик армуѓон месозад?

венирњои тољикї" - ро тайёр мекунад? - мепурсам аз фурўшанда. - Акаљон, ман хабар надорам, чизеро, ки меоранд, мо фурўхтанамонро медонему халос! Ба фикрам, аз Ўзбакистон ин бозичањо меоянд… - Муштарї доранд? - Бале, бештар сайёњону мењмонони пойтахт мехаранд. Як - ду сол ќабл чунин армуѓонњо аз шањри Истаравшани вилояти Суѓд меомад. Он њаќќонї ќиёфаю мавзўи тољикї дошт. Ва зуд њам харидор меёфт. Аз чї бошад, ки дигар намеоранд… Ин ќабил армуѓон… (ба гўшаи армуѓонњои булаљаб ишора карда мегўяд фурўшанда) "аз беамакї хара амак гуфтан аст". Дар њаќиќат, бояд рафњои маѓоза пур бошанд. Аз чї? Ин ба ањли тиљорат он ќадар муњим нест. "Аз таќозои замона, хокро гуфтам: "Намак!", Хирсро гуфтам: "Таѓої!", хукро гуфтам: "Амак!". Ба армуѓонњо назар мекунам: тољики харсавор, самбўсафурўш, тарбузфурўш, зани чун тўби футболї ошпаз, чойдамкун… Ана, ин булаљабро бубинед - карикатураи тољики гўсфандбон, љомаю саллааш овезон… Соли 2009 бо таќозои фаолияти рўзноманигорї ба сафоратхонаи Тољикистон дар шањри Маскав рафта будам. Дар рўи мизи кории котибаи тољик армуѓони булаљаби дуторчии хорпуштакмонандеро дидам. Пурсидам: "Ин чист?" "Њадяи ройгон, моли Тољикистон аст! Беш аз 200 дона буд. Ба њама шиносону наздикони сафорати мо, ба халќи рус таќдим карда шуд!" Бо фахр дањон пур карда гуфт духтари дур аз њиссиёту њуввияти миллї. "Магар њамин њам њадя шуд? Чаро пайкараи устод Мирзо Турсунзода ё масалан, Синову Рўдакї нею мањз њамин дутор-

чии жулидамўю дарвешсифатро њадя овардаед?" Котиба аз суоли ман лањзае таваќќуф карду сипас гуфт: "О, ин фаќат сувенир аст!" Дарвоќеъ худи тољикдухтар бо либоси бегонаи аврупої шабењи як карикатура буд, пас чї њољат суханро њамчу дурр харљ кардан? Дар шањраки Петродворетси Санкт - Петербург шоњиди он манзара будам, ки тамоми мардум ба либоси атласи ду тан аз духтарони љавони тољик бо њавас менигаристанд. Дар сарзамини Русия беш аз 7 миллион инсоният мубталои дарди майпарастї мебошад. Чаро эшон мисли тољики харсавор ё самбўсапази мо армуѓони мард ё зани каљу килеби араќхў-

рашро оварда, дар сафоратхонаи худ ба мардуми тољик њадя намекунад? Дар тамоми армуѓонњои халќи рус бењтарин орзую омоли мардуми зањматкаш, манзарањои дилфиреби табиат, архитектураи воло, зебогї, њусну љамоли духтарони славянї таљассум ёфта, њисси ифтихори милли русро на танњо ба миллати хеш, балки ба љањониён муаррифї месозад. Тамоми армуѓонњои русї ифодагари ќиёфаю чењраи миллї, расму русуми неки аљдодї ва албатта, ѓуру-

«

Њунарманди тољик чї? Хару харсаворї, кадуи носу гўсфанди адир ё чойнику пиёла, пирожкию самбўса… Кунун фаќат Чойнику Пиёла муаррифии тољиконанд? Ман њељ њайрон намешавам, агар бубинам, ки шоири тољик рољеъ ба ќањрамонии Чойнику Пиёла (ё Ќарабоиву Офтоба!) дар телевизион достони эпикиашро бо шавќу завќ ќироат дорад…

«

ру ќањрамонї, ватандорию хештаншиносї мебошанд. Аммо дар Ватани худ чун чашмам чун ба армуѓонњои тољикї афтад, намедонам, гиря кунам ё ханда? Чунон дур аз фасоњату назокати тољикона сохта шудаанд, ки гуё тољики сарсахт ба як хорпушти сањро ё хоркаши дунё мубаддал гашта… Худ ба ду акси зерин, ки якеро "Самбўсафурўш" ва дигареро "Бонуи тољик" номгузорї намудем, мутаваљљењ шавед. Як тан аз њунарманди мардумии рус армуѓоне офарида, ки дар он чунин њолат тасвир ёфтааст: оњангар дар устохонаи худ пои кайк (на асп) ро наъл карда истодааст! Барои ин асараш ў шомили рекордњои китоби Гиннес гашта! Њунарманди тољик чї? Хару харсаворї, кадуи носу гўсфанди адир ё чойнику пиёла, пирожкию самбўса… Кунун фаќат Чойнику Пиёла муаррифии тољиконанд? Ман њељ њайрон намешавам, агар бубинам, ки шоири тољик рољеъ ба ќањрамонии Чойнику Пиёла (ё Ќарабоиву Офтоба!) дар телевизион достони эпикиашро бо шавќу завќ ќироат дорад… Рустам РАМАЗОНЇ


14

ГУНОГУН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

ХОТИРА

ТАЛОШ

САЙЉАЪФАР ИСМОНОВ НОМЗАД БА ПРЕЗИДЕНТЇ АЗ ЊДТ

Анљумани Њизби демократи Тољикистон номзадии Сайљаъфар Исмонов, раиси ин њизбро дар интихоботи президентии соли љорї пешбарї кард. Дар Анљумани ЊДТ, ки субњи имрўз 17-уми сентябр Душанбе баргузор шуд, 45 нафар ба тарафдории Сайљаъфар Исмонов овоз доданд. Се нафар аз вакилони Анљумани ЊДТ бетарафиро ишѓол карда, танњо як нафар ба муќобили номзадии Сайљаъфар Исмонов раъй додааст. Раљаби Мирзо, журналист ва сиёсатмадор, ки дар давраи роњбарии Мањмадрўзї Искандаров, роњбари шуъбаи душанбегии ЊДТ буд, ба муќобили пешбарии номзадии Сайљаъ-

фар Исмонов раъй додааст. Вай, бино ба наќли хабарнигори TojNews, ки дар ин Анљуман њузур дошт, гуфтааст ин Анљумани ЊДТ, ки доир шуд, ѓайриќонунї аст, зеро Конфронсњои њизбї дар шањру ноњияњои дигар баргузор нашудаанд. Дар натиљаи бањс бо Исмонов, Раљаби Мирзо Анљумани мазурро ба нишони эътироз тарк кард, - хабар медињад хабарнигор. Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш дар натиљаи талошњои муштараки Раљаби Мирзо ва Сайљаъфар Исмонов дар раёсати ЊДТ таѓйирот ба вуќуъ пайваста, Масъуд Собиров аз раёсати он барканор шуда буд. Ба эътирофи умуми коршиносон ин таѓйирот бо дастгирии маќомот сурат гирифта буд. Вазорати адлия-масъули сабти номи иттињодияњои љамъиятї ва њизбњо ин таѓйиротро ба зудї эътироф кард. Анљумани ѓайринавбатии ЊДТ дар мењмонхонаи "Грандотел"-и пойтахт баргузор шуд, ки дар он наздик ба 50 нафар вакилон ва њудуди 20 нафар мењмонону рўзноманигорон иштирок доштанд.

ДАВРАИ СССР ОРОМУ ОСОИШ БУД! - Зиндагї дар даврони СССР бо оромиву осоиштагияш ба ёди ман мондааст. Байни љумњурињо сарњад набуд. Мо барои гузарондани иди 1-уми май аз Истаравшан ба Тошканд рафта, меомадем. Пул барои њама як буд - рубли советї. Миллатгарої ва њисси бадбинї байни халќњо набуд. Мардум њис мекард, ки сару бар дорад, њомї дорад. Давлат ба муаллимони дењот ангишт, њезум ва хўроки чорворо бепул медод. Муаллимї касби пурифтихоре буд. Мо орзу доштем, ки калон шавем, дар мактаби олї мехонему муаллим мешавем. Пирсолон, хусусан иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, соњиби обрўю эњтиром буданд. Дар ягон љо фалокате (хоњ фалокати табиї бошад ва хоњ бо љурми инсон) рўх дињад, ба мардум намегуфтанд, то ки љомеа ноором нашавад. Њоло радиою телевизион ба сари мо фаќат хабарњои нохушро меборанд. Њар сол дар остонаи љашнњои умумидавлатї (1 май, 7 ноябр ва ѓайра) њатман молњои талаботи њаррўза ва маводи хўрокї як андоза арзонтар мешуданд. Он давраро њоло давраи атеистї, яъне бехудої мегўянд. Аммо он замон мусулмонї мустањкамтар буд. Занњо дар хона менишастанду бо тарбияи кўдакон машѓул буданд, мардон кор мекарданду бо маоши худ хонаводаро бе душворї таъмин мекарданд. Њоло бошад, занон бозорнишину мардон мардикор дар мулкњои бегона. Њамеша мешунидем, ки калонсолон аз замона изњори ќаноатмандї мекарданд, шукри замонаи серию пурї мегуфтанд. Њикояњое, ки онњо дар бораи гуруснагию кањтии давраи бачагии худ мекарданд, ба ёди мо афсонањои пурдањшатро меоварданд.

Падарам колхозчии одї буданд. Бо 60 рубл маош оилаи иборат аз 9 нафарро мехўронданд. Ѓайр аз ин, њамаи 5 писари худро соњиби маълумоти олї гардонданд. Баъд аз фурўпошии СССР њамеша андешамандона мегуфтанд: "Агар СССР намешуд, ягон нафари шуморо дар мактаби олї хонондан наметавонистам." Дар дењаи мо њамагї чанд телевизор мављуд буд. Мо, бачањо, барои тамошои телевизор ба он хонањо мерафтем. Гоњо хонаи телевизордорон ба кинотеатр монанд мешуд. Аљибаш ин, ки соњибони хона моро ба хушї пешвоз гирифтаю шинонда, зиёфат њам мекарданд. Њоло кас ба худ лоиќ намебинад, ки ба хонаи њамсоя ё хешони худ равад, то ки боиси ташвиш нагардад. Ба хонањои мардум радиоњои одї, ки "радиои 5-сўма" мегуфтандаш, саросар гузаронида шуда буд. Барномањои радиои тољикро бо њавас мешунидем. Ёд дорам, дар оѓози барномаи љавонї ин шеърро мехонданд, ки аз шуниданаш дилњои мо ба љўш меомад: "Насиби мо зи рўзгор, чу давлати љавонї аст, Дар осмону дар замин замони ќањрамонї аст. Чунон кунем зиндагї, ки шуњрати љањон шавад, Љавонии ману шумо љавонии љањон шавад. Дар ними шаб, пеш аз анљоми гуфтори радиои тољик, сухангўён ин шеърро мехонданд: Шукр гўям зиндагиро бо њама бешу камаш, Шукр гўям зиндагиро бо њама неку бадаш. Шукр гўям зиндагиро бо њар он чї њасту нест, Шукр гўям бахтро бо омаду ноомадаш. Зиндагии он замонро њар гоње чун афсонаи ширине ба ёд меорам… Умар ЮНУСОВ, шањри Ростови лаби Дон, Русия


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА

НАХОД? ДИЛАМ АЗ ГЎШТИ ЌИМАШУДА ЊАМ МОНД! - Њар ваќте ба гўшти ќимашуда зарурат пайдо мекардам, рафта, аз бозори Шоњмансур ё аз нуќтањои фурўши маркази савдои "Садбарг" харидорї менамудам. Аз моњи гузашта аз нуќтањои фурўши гўшт харидорї кардани гўшти ќимашударо дигар бас кардам. Акнун гўштро харида, онро дар шароити хона ба гўшти ќимашуда табдил медињам. Њар ваќте ба нархи гўшт ва гўшти ќимашуда назар мекардам, фарќияташ хеле калон буд. Ба худ савол медодам, ки гўшти тозаву лањм дар њама љо 35 сомонї арзиш дорад, аммо чаро фурўшандагон ќимаи онро ба 20 - 25 сомонї мефурўшанд, магар фурўшандагон аз ин "арзонфурўшї" зарар намебинанд? Бехабар аз он ки ин фарќияти нархгузорї дар худ хеле муаммое доштааст ва дилсўзии ман нисбати фурўшандагони гўшт бар зарари худам тамом мешудааст. Кадом фурўшанда бар зарари худ кор кардааст, ки савдогари гўшт аз ў рамуз мегирифтааст? Бори охир дар моњи август чун њарваќта 1 килограмм гўшти ќимашуда харидорї карда, бе он ки ба он назаре кунам ба борхалтаам андохтам. Аммо ваќте гўшти ќимашударо мехостам, бо пиёз барои печонидани манту њамроњ кунам, беихтиёр чашмам ба ѓаждиву мўйњои часпидаи он афтид. Хубтар зењн дода, дидам, ки мўйи часпидаи он бегона набуда, бо пўсти гўшти ќимашуда сахт пайваст аст. Хеле дар њайрат мондам. Њамсояамро барои дидани вазъ фарёд кардам. Ў њам бепарвоёна назар карда гуфт: "Очаи Сўњроб мегўям, ки худат дар осмон ќарор дорї, ё замин? О ваќте гўшти хуб њамаљо 35 - 36 сомонї нарх дорад, дар куљо дидед, ки ќимаи онро ба 20 сомонї фурўшанд? Агар сари ту 99% кор кунад, сари фурўшандагони гўшт њама ваќт 100 дарсад кор мекунад! Айби худатон зихнагї накарда, гўштро ќимат харида, худатон ќима кунед. Ќимат бе њимат нест, арзон беиллат!" Гўшти ќима дар дўконњо аз гўшти каллаву шиками гов ва чарбу тайёр карда мешавад ва гоњу ногањ ба он шушу љигар низ њамроњ мекунанд. Агар гўшт њам њамроњ кунанд, њељ ваќт гўшти тару тозаро њамроњ намекунанд, балки гўшти зардгаштаи муњлаташ гузаштаро њамроњ мекунанд. Гўшти ќимашударо бўй кардам, ба машомам бўйи бад расид, гуфтањои њамсоя тасдиќи худро ёфт. Дилам аз гўшти ќимашуда њам монд! Аз ин љониб аз дўконњо гўшти ќимашуда намехарам! Аломатхон АБДУЛЛОЕВА, сокини шањри Душанбе

- Гузаронидани муоинаи техникии наќлиёти боркаш ва сабукрав чанд сомонї аст? Оё шањрванд дар дилхоњ нуќтаи ташхиси автобил метавонад мошини худро аз муоинаи техникї гузаронад? Љовиди ЊАКИМ, сокини шањри Вањдат - Мутобики банди 11-и тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи њатмии давлатии техникии воситањои механикии наќлиёт ва ядакњои (нимядакњои) онњо, ки дар њаракат дар роњњои Тољикистон иштирок доранд ва бо ќарори ЊЉТ аз 2-юми августи 2010 тањти №390, тасдиќ карда шудааст, љойи гузаронидани санљиши њолати техникии наќлиёт пеш аз гузаронидани муоинаи њатмии давлатии техникї аз тарафи комиссия муйаян карда мешавад. Гузаронидани санљиши њолати техникии воситањои наќлиёт аз тарафи шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродие, ки онњоро комиссияи зикргардида муайян намудааст, анљом дода мешавад. Дар асоси натиљаи санљиши њолати техникии воситаи наќлиёт вараќаи ташхисї ба расмият дароварда мешавад, ки як нусхаи он ба маќомоти Бозрасии давлатии автомобилии мањалли гузаронидани муоинаи њатмии давлатии техникї пешнињод гардида, њамчун њуљљати тасдиќкунандаи њолати техникии воситаи наќлиёт ба њисоб рафта, барои ба расмиятдарории натиљаи муоинаи техникии воситаи наќлиёт бе санљиши њолати техникии он асос мегардад. Тибќи нархомаи хизматрасонии пулакии гузаронидани санљиши њолати техники воситањои наќлиёт пеш аз муоинаи њатмии давлатии техникї барои соли 2013, ки бо Хадамоти зиддиинњисории назди ЊЉТ аз 6-уми августи соли 2013 мувофиќа карда шудааст, маблаѓ барои гузаронидани санљиши њолати техникии воситањои наќлиёти сабукрав 127 сомонї ва барои воситањои наќлиёти боркаш 177 сомонї муайян гардидааст. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

15

АКСИ ГЎЁ

Писари афандї гиря мекунад. Афандї сабаб мепурсад. Писараш мегўяд: - Дар лаби об нон хўрда истода будам, ки нонамро об бурд. Афандї мегўяд: - Ку рафтем бинем. Афандї бо писараш лаби об мераванд, ки акси худро дар об дида мегўяд: - Ба њами риши сафедат шарм надошта, нони писари манро гирифта хурдї?! *** Афандї ду домод дошт, яке кулол, дигаре дењќон. Рўзе дар хонаи кулол мењмон шуд, кулол гуфт: - Амак, хуму кўза, табаќу коса сохта, ба офтоб гузоштам, Худо гўед, ки борон набораду хушк шаванд. Афандї "хуб" гуфту рўзи дигар ба хонаи домоди дењќонаш рафт. Дењќон гуфт: - Амак, гандуму љав коридам, агар борон наборад, хушк мешаванд, Худо гўед, ки борон борад. Афандї рў ба осмон карду гуфт: - Худоё, намедонам барои кулол зорї кунам ва ё барои дењќон? Бењтараш ихтиёрро ба худат мемонам.

?-И НОБОБ ОЁ АНДОЗСУПОРАНДА МЕТАВОНАД НОЗИРИ АНДОЗРО БА ЊУДУД Ё БИНО РОЊ НАДИЊАД? - Андозсупоранда дар баробари корманди маќомоти андоз њангоми санљиши бино аз кадом њуќуќ бархурдор аст? Андозсупоранда оё њуќуќ дорад, ки корманди маќомоти андозро ба њудуд ё бино барои гузаронидани санљиши андоз роњ надињад? Мањмадулло СОЛЕЊОВ, сокини ноњияи Рўдакї

?-И НОБОБ МУОИНАИ ТЕХНИКИИ НАЌЛИЁТ ЧАНД СОМОНЇ АСТ?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

?-И НОБОБ ОЁ КАМБИОЗАТ МАДАДПУЛЇ ГИРИФТА МЕТАВОНАД? - Чун мисли замони Шўравї оё ашхоси камбизоат ба мададпулии давлат фаро гирифта мешаванд? Кињо ба гирифтани мададпулї имтиёз доранд? Андозаи мададпулї чанд сомониро дар бар мегирад ва онро аз кадом нињоди дахлдори кишвар гирифтан мумкин аст? Самад АБДУЛХАЙРОВ, сокини шањри Норак - Маблаѓузории пардохти кўмаки унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат дар доираи маблаѓњои дар буљети давлатї барои љуброни истифодаи ќувваи барќ ва гази табиї ба оилањо ва шањрвандони камбизоат, инчунин барои маблаѓгузории мададпулї ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти умумї тањсил менамоянд, пешбинї гардидаанд ва дигар манбаъњое, ки ќонунгузории Тољикистон манъ накардааст, амалї карда мешавад. Пардохти кўмаки унвони иљтимої дар се моњ як маротиба ба таври наќдї тавассути марказњои хизматрасонии "Амонатбонк" дар мањалли зисти гирандагони кўмак анљом дода мешавад. Барои таъини кўмаки унвонии иљтимої њуљљатњои зерин бояд пешнињод карда шаванд: ариза; нусхаи шиносномаи аризадињанда (асли шиноснома њангоми супурдани ариза нишон дода мешавад); маълумотнома дар бораи њайати оила ва љои истиќомат; маълумот дар бораи даромад ва амволи њамаи аъзои оила (тибќи шакли тасдиќгардида). Намунањои ариза, шакли маълумот дар бораи даромад ва амволи њамаи аъзои оила аз љониби Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тахия ва тасдиќ карда мешаванд. Ќарор дар бораи таъин намудан ё рад кардани кўмаки унвонии иљтимої аз рўзи супоридани њуљљатњои довталабон (аризадињандагон) ба Агентї дар муњлати 10 рўз ќабул карда мешавад. Андозаи кўмаки унвонии иљтимої барои як оила (шањрванд) дар як сол 400 сомониро ташкил дода, њар семоња дар њаљми 100 (сад) сомонї пардохт карда мешавад. Маблаѓи кўмаки унвонии иљтимоие, ки сари ваќт бо айби сардори оила ё шањрванди камбизоат гирифта нашудааст, дар моњњои минбаъда бояд пардохт карда шавад. Кўмаки унвонии иљтимої ба муњлати 1сол, аз моњи мурољиат намудан дар сурати мутобиќ омадан ба талаботи методикаи муайян намудани оилањо ва шањрвандони камбизоат, таъин ва пардохт карда мешавад. Ба саволи Шумо аз Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Тољикистон љавоб доданд.

ГУМШУДА Дафтарчаи имтињоние, ки аз тарафи Донишгоњи техники Тољикистон ба донишљўи курси 4 Бањриддинов Дилшод Љамшедович додаст, бо сабаби гумм шудан аз эътибор соќит дониста шавад.

- Андозсупоранда уњдадор аст, ки барои ворид шудани кормандони маќомоти андози санљиши андозро гузаронанда љињати муоина ба њудуд ё бинои (ба истиснои манзилњои истиќоматї) барои гирифтани даромад истифодашаванда ё ба объекти андозбандї ва объекти бо андозбандї алоќаманд, иљозат дињад. Дар сурати монеъ шудан ба ворид шудани кормандони маќомоти андоз, ки санљиши андозро мегузаронанд, ба њудуди номбаршуда ё ба объекти андозбандї ё объекти бо андозбандї алоќаманд ё ба дигар биноњо (ба истиснои манзилњои истиќоматї) протокол тартиб дода мешавад. Протоколро кормандони маќомоти андоз, ки санљиши андозро мегузаронанд ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо менамоянд. Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз имзо кардани протоколи мазкур даст кашад, санљишгар дар протокол оид ба даст кашидани андозсупоранда аз имзо ќайд мегузорад. Кормандони маќомоти андоз бояд бо худ иљозати махсус дошта бошанд, агар мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои ворид шудан ба њудуд ва (ё) бинои андозсупоранда он зарур бошад. Андозсупоранда дар њолатњои зерин њуќуќ дорад ба ворид шудани кормандони маќомоти андоз ба њудуд ё бино барои гузаронидани санљиши андоз иљозат надињад, агар: - талаботи моддањои 31 ва 33-и Кодекси андози Тољикистон риоя карда нашаванд; - муњлатњои санљиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошанд ё гузашта бошанд; - њамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд; - кормандони маќомоти андоз иљозати дахлдори махсуси махфиятро, ки барои даромадан ба њудуд ё бинои андозсупоранда тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон заруранд, њамроњи худ надошта бошанд. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

БА ЉОИ 09 - Бо маќсади тањлил ва њалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасонињои гуногуни бонкї ба миён меояд, Бонки миллии Тољикистон телефони бовариашро барои шањрвандон фаъол кардааст. Минбаъд муштариёни бонкњо дар њолати дучор омадан бо камбудию нуќсонњое, ки њангоми истифода аз хизматрасонињои бонкї рў ба рў мешаванд метавонанд барои ислоњи вазъ бо шумораи телефони +(992) 44- 600-15-20 масъулини Бонки миллии Тољикистонро огоњ намоянд. Телефони боварї њамарўза аз душанбе то љумъа аз соати 8:00 то 17:00 фаъолият мекунад.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (354) 18. 09. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

БАДГУМОНИИ МИРЗОДИККАК АЗ ГАШТИ АСПИ ЊУКУМАТ Мирзодиккак бо супориши вазир Гурез Гурезович аз марзњои кишвар дидан кард. Вазир кумруки кишвар, ки баъди интихобот њамчун мушовири асосии меросхўр бояд тавассути "Ориёнбонк" аксарияти иќтисоди кишварро зери итоати худ медаровард, маќсад дошт, ки худро дар назди Калон азизу гиромї ва сахт доркорї тарошад. Аз ин рў, ба офтоби замон ва мањтоби нињон гузориш навишта, аз он изњори нигаронї кард, ки љонибдорони ИНДТ (Иттињоди неруњои дуруяи Тољикистон) барои дастгирии молии номзади ягона, даќиќтараш дугона метавонанд тавассути марз борњои гуногун ворид намуда, пули наќд ба даст оранду вазъро дар кишвар ноамн гардонанд. Мирзодиккак, киаз найрангбозињои раиси нафаќахўраш кайњо боз огоњ буд, назди худ маќсади дигар гузошт. Зеро ў, ки худро њомии њукумат медонист, ба он бовар буд, ки дар ноњияњои марзии кишвар ќисме аз хориљиён бо шиносномањои тољикї солњо боз худро њамчун шањрванди комилњуќуќи кишвар эњсос карда, бо пардохти "сафедї" ба дилу дидаи ќисме аз раисону сардорњо даромадаанд. Ў сафари кории бемуздуашро аз Панљ оѓоз кард. Дар ин ноњия ў шоњиди он гашт, ки одамон баъди супоридани пахтањои чидаашон хапу дам ба ќоѓазе имзо гузошта, аз пайи корашон мераванд. Дар Суѓд ў шоњиди он гашт, ки ришдорону сатрпўшњоро ба руйхат мегиранд. Дар Бадахшон ў бо њамкурсњояш вохўрда маълум кард, ки президенту пайѓамбари мардум Оѓохони 4 будаасту њуљуми эњтимолии экстремистњо афсонаи навбатии русњо барои тарсонидани роњбарияти Тољикистон пеш аз вохўрї дар Сочи. Аз мушкилоти мардум ў се чизро навишта гирифт: маоши кам, беадолатии милисаву суд ва заминфурўшии мансабдорон. Ў дар Бадахшон фањмид, ки фасод, хоса фасоди маишї дар ин вилоят, дар ќиёс ба дигар манотиќ хеле кам будааст. Зеро: а) ин мардум ба милисаву нозири БДА ва пулчинаки барќ пора пешнињод карданро айб медонистаанд; б) бо дастгирии халифањо ва "законнник"-њо мансабдорони азмарказомадаи нопок дар сагљакиши аввал лагадшикам мехурдаанд. Дар тамоми вилояти Суѓд ў як нафареро наёфт, ки бе додани пора соњиби ќитъаи замин шуда бошад. Дар Шимол, замини Истарафшану Исфара аз њама гароннархтар будаанду дар Марказ ноинсофии заминфурўшњои Вањдату Рўдакиро њадду канор набудааст. Ў, ки бори аввал бо мардум суњбатњои ошкоро дошт, фањмид, ки аксарияти кулли мардум аз њукумат хаста шуда, хоњони таѓйироту ислоњот будаанд. Ва Худое накарда, интихоботи озод шавад, номзади њукумат чаппа мешавад. Ў сахт хавотир шуда, хоњони вохурї бо масъулони КМИР шуд. Баъди ин сафари хидматии бемузд ваколатдори Гурез Гурезович, зиёи гумном Мирзодиккак ба ќавле бо лабу лунљї кашол ба шањри Душанбе баргашта, рост ба КМИР рафт ва хост аз асли воќеъа раиси КМИР-ро огоњонад, то ки барои ба ќайд нагирифтани номзади пешнињоднамудаи мухолифин теъдоди имзоњоро аз шумораи ањолии дар Тољикистон буда, бештар муќарар намояд. Ў паси утоќи кории раиси КМИР то нисфирўзї интизорї кашиду баъд фањмид, ки раис аспњояшро хабаргирї рафта, то ваќти нањор саисї мекардааст. Аср нашуда, ки раиси саис пайдо шуду ба Мирзодиккак ним нигоње њам накарда, худро ба кабинеташ зад. Баъди чанд даќиќа ёвари раис ба Мирзодиккак гуфт, ки шуморо фалонча ќабул мекунад. Зиёии њукуматї аз нописандии раиси КМИР ранљиду "пошел ту к черту!" гуфта, аз бинои МТС берун шуд. Бо табъи хира, ў ба майдон баромаду аз муљассамаи Исмоили Сомонї фотења гирифта, ба боѓи Рудакї ворид шуд. Дарахтони хушкидаи боѓ таби ўро хиратар карданду Мирзодиккак бо шитоб ба тарабхонаи њутели "Тољикистон" ворид гашт. Ў худ ба худ андешид: "Њоло њам, ки Тољиддин Пиров ин мењмонхонаро нафурўхтааст, аз њисоби мулло 100 гиром мезанам!" Ў ба тарабхона даромада, аз пешхизмат овардани 250 грамм араќи "Пойтахт"-у "Русская закуска"-ро дархост намуд. Пешхизмат графини араќи "Пойтахт"-ро дар лаълї гузошта, бо сад нозу ишва љониби мизе, ки дар он Мирзодиккак нишаста буд, меомад. Дар роњ шахсе графини араќро аз лаълї гирифту бо як дам ба њалќаш рехт. Мирзодиккак аз ќањр аз љой бархост, ки дўсташ Ѓалтакро шинохту худашро ба даст гирифт. Љўрањо сари миз нишастанду деги сўњбаташон љўш зад. Мирзодиккак: - Ња, кори нав-ку барои одамони кўњна. Ѓалтак: -Нагў, ки сар вайрон шуд... Мирзодиккак: -Эња, ана забону мана забон... Ѓалтак:- Бо њоле, ки ин миллат дорад, назада намешавад. Мирзодиккак: -Чї шудааст ин миллатро?! Њамаљо суботу оромї. Њукумати љонољони мо дар тўли 20 сол

корњоеро ба сомон расонид, ки агар Ленин зинда шавад аз рашк дубора мемурд. Мутаассифона, ќисме аз њамшарињои мо њамаи инро нодида мегиранд. Онњо ба љойи шукрона кардан ба он боваранд, ки дар замони Ленин хешу таборчигї кам буду њоло њукуматдорон њамаро хўрданд.. Ѓалтак: - Шукронаро њичбудагон кунанд, ки њарки шуданд... Мирзодиккак: - Мекунанд. Раисњои мо раис не, тилло! Њамашон корфањму кордон. Дар ваќташ Раис як хонаи гиллин дошту як мошини шалаќа њама худашро раису занашро "Зани раис" гуфта њурмату эњтиром мекарданд. Њоло љояшро ёбанд, чубаш мезананд... Ѓалтак: - Араќа мо задему ту маст шудї?! Мирзодиккак: - Ака, њоло мо говраис, обраис, латтараис, њатто косараис њам дорем, аммо он раисњои њаќиќии солњои 80 нестанд, ки нестанд. Инњо бо мардум забон ёфта наметавонанд. Ѓалтак: -Хуш. Мирзодиккак: - Хуш-хуш нагў! Ман аз ту гумонбар њастам. Ба фикрам ба ИНДТ тавсияи ба сари ќудрат овардани зани тољикро ту додаї. Худо нигоњ дорад, агар ў президент шаваду њаќќимардумхурї кам шавад, Гурез Гурезович маро аз кор пеш мекунад, Пахтагул Панљсолаевнаи коммунист аз хурсандї зањракаф мешаваду ... Ѓалтак: - Ѓосибони њаќќи мардум аз фишорбаландї мемуранд ё ба Ќатар мегузрзанд. Њай-њай. Чаро шумо њукуматињо аз сояи худатон њам метарсед?! Ин гумонбарињои шумо сари чанд касро дар бало мондаву дар оянда низ сари чанд нафаратонро мехўрад. Мирзодиккак: - Канї иќрор шав, ки њамин номзади дугона фикри ту њаст ё нест? Ѓалтак: - Мирзољон аќли мо ба ин корњо намерасад, ин кор наќшаву моли худатон аст. Мирзодиккак: -Гуфтаниї, ки Ќобилљони нањзатї бо маслињати калонњо кор кардаасту гашти аспи њукумати худамон-мї. Ѓалтак: -Намедонам, аммо аниќ, ки дар њавову њаваси хостањои шумо њукуматињо номзади дугонаро ба бозї дароварданд. Мирзодиккак: - Чанд бор гуфтам ба ин нимчамулло, ки ба њамон њамсари худат иктифо кун, гапро нагирифт. Ба фикрам ягон видео-пидео нишонаш доданду.. Ѓалтак: - Мирзо ягон 200 гироми дигар фармоиш дењ, ки дилам мекафад аз бесоњибии ин миллат... Мирзодиккак: - Њой хоњар, як шишаи обнарасидаи "Пойтахт" биёр, ки нашуд. Ѓалтак:- Мизољон ту гуй, ки ч-ч-ч-ч-ч-аро дилааат дигару забонатт дига-а?! Мирзодиккак: - Аз шумо дермократњои давру исломфурўшон ёд гирифтем... Ѓалтак: - Њич тасав-в-ву-ур намекарда-а-м-м, ки аз ту ња-а-амин хел кинояя мешунавам. Мирзодиккак: - Ба зўрии њукумат тан дењ. Мана, сархатибњоро њукуматї кардем, азон доданро дар шањри Душанбе иљозат додем, Бозорро аз Америка овардем. Њамон мухолифини мегуфтагиятро ќабл аз интихобот чунон "обработка" мекунем, ки роњашона гум мекунанд. Фањмидї-мї! Ѓалтак: - Чї ту хаёл мекунї, ки њама чизро харида-аа-ву фурўхта мешавад?! Мирзодиккак: - Њова! Мо љомеаро чунон ба додану гирифтани ришва одат кунонидаем, ки љиноят будани он фаромўш шудааст. Њоло ист, њамон њуќуќшиносњои нестандарљањонро њам ба доми худ медарорем. Ѓалтак: - Љўраљон, ба шумо бањс кардан нашояд. Шумо њукуматињо аз номи халќ њар корро анљом медињед. Хоњиши ман њамин, ки њарчи мекунед кардан гиреду лекин мардумро гул назанед. Мирзодиккак: - "Кал табиб бошад сари худашро таботат кунад". Ин маслињататро ба роњбарони ИНДТ расон. Мо худамон як бало мекунем. Ѓалтак: -"Туф њам кунем, ки болои сари худамон мезанад". Рез "Боржоми"-ро, ки аз ту гап гирифта намешудааст. Мирзодиккак: -Э, балое, фикр кардам, ки ту њам... Ѓалтак: -Хестї, ки хобї. Акнун гуй, ки чаро Пиров "Тољикистон"-ро фурўхтанї шудааст? Наход дар њамин давру замон њам данѓарагї ба пул ниёз дошта бошад-а? Мирзодиккак:-Сирри ин корњоро ту надонї, ман намедонам. Пешхизматро љеѓ зада њисобї куну рафтем. Ѓалтак: -Майлашу... Мирзодиккак: - Майлаш неву "хуб шудааст, Мирзољон". Шартро, ки бой додї, пардохт кун. Ёдат њаст,ки гуфтам аз дасти ин мухолифонат ќабрканї њам намеояд. Ѓалтак: - Хуб шудааст, акаи Мирзо.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси ЊКТ: - Як чизи дигар њам њаст, ки онњо бо пешнињоди Ойнињол мехоњанд диќќати аслиро ба он номзаде, ки воќеан пешнињод карданиянд, мунњариф созанд. Ин масъала нозукињои зиёд дорад. - Ана контрразведчики тайёр дар парлумон хоб карда гаштаасту раиси КДАМ-мушовири давлатии президент кадр мекобанд.

Муњиддин КАБИРЇ, рањбари ЊНИТ: - Фикр мекунам, агар њамаи аъзои Иттиходи нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон аз рўи инсофу њаќиќат кор кунанд, шонсамон бад нест барои пирўзии номзади мавриди назарамон дар интихобот. -Њой мулло, шубња накунед! Насибатон бошад, номзади шумо 0,7 %-и овози мардумро соњиб шуда, сари шуморо ба осмони њафтум мебардорад. Ё "номзади мавриди назар"- и шумо Эмомалї Рањмон аст?!

Рањим МАСОВ, муаррих: - Њукумати имрўза дар бозгашт ба хатти форсї мухолифони худро мебинад аз сўи дигар, Эрон имрўз омодааст, дар гузариш ба хатти форсї Тољикистонро кўмак кунад. Вале дар ин сурат равобит бо Русия сард мешавад. - Шумо њам дипломат шуда бурафтед-де. Бе парда гўед, ки дар сурати гузаштан ба њуруфи ниёкон аксарияти кулли њукуматињои имрўза сафи бесаводонро пур мекунанду тафаккури истеъморзадаи онњо доранд, имкон намедињад, ки ин кор чанд соли дигар боз амалї шавад.

Нуриддин САИДОВ, вазири маориф: - Мо аз ин (овардани омўзгорон аз Русия дар назар аст) бисёр манфиатдорем, чун таълим ба забони русї ин чизи дигар аст. -Рост мегўед, бо забони русї гапзаданњои шумову роњбарњоятонро дида, мо кайњо боз ќоилем, ки таълим ба забони русї бояд чизи дигар бошад.

Ислом КАРИМОВ, президенти Ўзбекистон: - Аминам, ки равобити Ўзбекистону Тољикистон, ки дар асоси њусни њамљаворї ва эњтироми мутаќобил бунёд гардидааст, минбаъд низ ба таври пайваста бо назардошти манофеи ду љониб ва њифзи сулњу суббот дар минтаќа рушд хоњад ёфт. - Љаноби президент, мебахшед, шумо иштибоњан нутќи 1-уми апрелиатонро хондед. Њоло моњи сентябр аст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09

Нигох №26 (354). Чоршанбе, 18-уми сентябри соли 2013  

Умаралї Ќувватов: "ПАНОЊГОЊИ СИЁСИРО ЌАБУЛ НАКАРДАМ"