Page 1

Бисёрњизбї ё фиреби бузург-2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

1

Дар матлаби ќаблї, дар бораи он ки ба фаъолияти коѓазии ањзоби сиёсии Тољикистон метавон аз теъдоди хонандагон ва истифодабарандагони сомонањои интернетии онњо пай бурд ва дар бораи теъдоди воќеии аъзои онњо хулоса кард, бо чанд далел наќл карда будем. САЊИФАИ 11 №23 (351). Чоршанбе, 28-уми августи соли 2013

ЊУЉУМ БА РОЃУН СУЊБАТИ ДОЃ

"Фикр кардам, президент шахсан даъват мекунанд" САЊИФАИ 11

СИЁСАТМАДОР

"Дафтари њизбии моро дар ќимор бохтанд" САЊИФАИ 5

НАФАЌАДУЗДЇ БО АДИБ

"Њуќуќшинос" САЊИФАИ 12

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Марзодиккаки Айнигї САЊИФАИ 16

Модари њаќиќатљў -нафаќагири мубориз Њукумати феълии Тољикистонро ќарздор медонад ва талаби 147 миллиону 338 њазору 436 сомонї нафаќаашро дорад. Ў мегўяд, барои он ба "Нигоњ" омадааст, ки президент Эмомалї Рањмонро аз ќазияи нафаќадуздон огоњ кунаду мансабдорон нафаќаи дуздиро баргардонанд.

САЊ. 13


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

22-юми август Сенати Олий Маљлиси Ўзбакистон ќарореро ќабул кард. Санадеро, ки њељ кас ба пайдо шуданаш шакку шубња надошт. Он агар имрўз њам ба миён меомад, аљаб набуд ва њатто фардову пасфардо њам. Аммо то 22-юми август ва њадди аќал 20-уми август пайдо шудани онро имконе набуд. Чаро? Дар ин бора пас аз андаке руљўъ ба ин санад бармегардем. Ќарори Сенати Олий Маљлис "Дар бораи чорабинињо барои пешгирии таъсири њалокатбор ба экология ва саломатии мардум аз фаъолияти истењсолии корхонаи "ТАЛКО" - и Тољикистон" ном дорад. Ва барои амалї кардани ин ќарор Сенат ќарор ќабул кард, ки њамаи тадобир гирифта шаванд: 1) дар њудуди Ўзбакистон њамаи чорањо дида шаванд, то таъсири манфии партовњои "Талко", ки ба саломатии инсонњо ва табиат, бењбуди вазъи экологї дар минтаќа кам карда шавад ва ба хотири ин, њамаи меъёрњои зарурии ташкилї -њуќуќї, захирањо ва имкониятњоро сафарбар намоянд; 2) Таваљљўњи њамаи созмонњои манфиатдори байнулмилалии экологї, сохторњои СММ, парлумонњо, њукуматњо ва љомиаи байнулмилалї ба фалокати рўз ба рўз афзояндаи њудуди фаъолияти "Талко", андешидани чорањои фаврї барои таѓйири ин истењсолоти зараровар ва хатарнок барои саломатии одамон ва экология љалб карда шавад; 3) мушкилоти олудашавии муњити зисти фаромарзї метавонанд ва бояд бо назардошти принсипњои умумї ва меъёрњои байнулмилалї, низомномањои актњои байнулмилалии њуќуќї, ки мувофиќи ќарорњои СММ њастанд ва ба њифзи саломатии инсон, њуќуќњои вай ба муњити тозаи зист равона шудаанд, њал шаванд. Ин хулосаи маќоми олии ќонунбари кишвари њамсоя - Сенати Олий Маљлис аст, ки баъди баргузории Конфронси оби Душанбе дар Тошканд ќабул шуд ва аз њама аљиб ин аст, ки ин ќарор бо љумлаи зер анљом меёбад: "Аз њалли фаврии ин масъалањо имрўз њаёт ва саломатии садњо њазор сокини Ўзбакистону Тољикистон, сарнавишти наслњои оянда, ки бояд дар ин минтаќа зиндагиву кор кунанд, вобаста аст". Бо гузашти панљ рўз њам маќомоти Тољикистон ба он вокуниши расмие нишон надоданд. Аммо худи њамон рўз сомонаи "Узметроном" як матлабе нашр кард, ки посухгунае ба ин ќарори Сенат буд. Дар ин матлаб омадааст, ки "…экологњои ўзбак аз чї бошад аз вазъи амнияти экологї дар ќаламрави корхонањои бузурги Ўзбакистон - Оњангарон, Камбинати сементи Бекобод, Корхонаи металлургии Бекобод ва чанд иншооти маљмааи саноатии Чирчиќ изњори нигаронї накарданд". Ин матлаб посухи кутоњ ва кофие барои Сенати Олий Маљлис мебуд, агар гап дар бо-

БАРДОШТ

раи "Талко" набуд. Ўзбакистон њанўз аз даврони Шўравї "ошиќи шайдо" - и "Талко" буд ва 10 соли ахир онро ќариб ба яке аз "авлавиятњо"-и муњитизистии худ табдил дода, бо њар роњ мехоњад онро сиёњ кунад. Аљаб ин аст, ки тамоми далелњоеро, ки љониби Ўзбакистон алайњи "Талко" меорад, появу асос надоранд. Ва ин даъвои "Нигоњ"як институти љомеаи шањрвандии Тољикистон нест, балки њаќиќати хол аст, ки илман асоснок њам њастанд.

"ТАЛКО" - и ўзбакї ва тољикї Биёед, бо њам даъвоњои Ўзбакистонро як - як баррасї мекунем: 1) Иддаои Ўзбакистон: "ТАЛКО" соли 1975 сохта шудааст, куњна аст, аз ин хотир, системаи тозакунии партовњояш њам куњна шудаанд ва ба стандартњои байнулмилалї мувофиќ нестанд. Дар асл, 5-уми июли соли 2013 тафтишти байнулмилалии аудитї тасдиќ кардааст, ки системаи амнияти зистмуњитии "Талко" ба стандарти байнулмилалии ISO - 14000 (сохтори менељменти экологї) ва OHAS - 18 000 (сохтори менељменти сињатї ва амнияти истењсолотї) мувофиќ аст. Аудитро ширкати олмонии TUV SAAR CERT, ки обрўи байнулмилалї дорад, гузарондааст. Танњо ба ин хотир, яъне барои модернизатсияи истењсолот ва њифзи муњити зист, дар панљ соли ахир ин КВД 464 миллион сомонї (ќариб 100 миллион доллар) харљ кардааст. Ин иттилоъ пўшида нест, он дар сайти ТАЛКО ва ширкатњои аудиторї ба њама дастрас аст. 2) Ўзбакистон Тољикистонро муттањам мекунад, ки Созишномаи байнињукуматї аз 17 ноябри соли 1994 "Дар бораи њамкорї дар соњаи бењбуди вазъи экологии минтаќаи таъсири манфии "Корхонаи алюминийи Тољикистон" - ро иљро намекунад. Дар асл, соли 2002 бо "ибтикори" љониби Ўзбакистон фаъолияти ин Созишнома ќатъ шудааст. Чор дидбонгоњи сохтаи ТАЛКО дар њудуди Узбакистон берањмона вайрон карда шудаанд. Соли 2009 Тољикистон пешнињод

«

кард, ки "Барномаи амали омўзиши таъсири корхонањои саноатї ба вазъи экологї дар минтаќањои мушкилдори Тољикистону Ўзбакистон" - ро ќабул кунанд, аммо Ўзбакистон рад кард. 3) Ўзбакистон даъво дорад, ки хатари "Талко" - ро аъзои парлумони Белгия дар љаласаи худ баррасї кардаанд, намояндагони парлумони Латвия, коршиносони Барномаи њифзи муњити СММ (ЮНЕП), як ќатор созмонњои љамъиятии экологии Аврупо ва Осиё њам нигаронї кардаанд. Дар асл, ин гул задани мардуми ўзбак аст, зеро њељ номае, њељ мурољиати расмие ба унвонии Тољикистон аз ин аъзои парлумон, коршиносони СММ, созмонњои љамъиятии байнулмилалї дар ин масъала ворид нашудааст. 4) Ўзбакистон даъво дорад: бо сабаби таъсири бади партовњои "Талко", ки фтор ва газњои зањролуд, теъдоди беморон ва маргумири кўдакону кўдакпартоии занон ва ѓайра дар вилояти Сурхондарё зиёд шудааст. Дар асл, "Нигоњ" хулосањои омории аз соли 2000 то 2012 - ро аз сомонањои Барномаи Рушди СММ, Созмони љањонии тандурустї, Бунёди "Наљоти кўдакон" - и СММ (ЮНИСЕФ) ва Кумитаи давлатии омори Љумњурии Ўзбакистон дастрас кард, ки ин даъвоњоро ботил мебароранд. Ба гунаи мисол, маргумири кўдакон (аз 1000 тифл): - њадди миёна дар тамоми Ўзбакистон - 14, 9 нафар; - вилояти Сурхондарё - 23, 9; - аз њама паст (вилояти Самарќанд) - 17, 4; - аз њама баланд (шањри Тошканд) - 22,3 нафарро ташкил медињад. Сатњи маргумир аз њисоби маризињои системаи нафаскашї (аз 100 000 нафар): њадди миёна дар тамоми Ўзбакистон - 66, 4 нафар; - вилояти Сурхондарё - 46,8; - аз њама паст (вилояти Ќашќадарё) - 42,3; - аз њама баланд (вилояти Бухоро) - 86,6 нафар мебошад. Њамин тавр, метавон чандин намуди маризињо ва маргумирњоро мисол овард, ки дар миёни онњо нишондињандањои вилояти Сурхандарёи њаммарз бо "ТАЛКО" бамаротиб пасттар аз шањри Тошканд, мањалли зисти экологњову роњбарони Ўзбакистон аст.

Ваќте "ТАЛКО" аз кор монд, Тољикистон солона "соњиби" наздик ба 12 миллиард (!) кВт соат неруи барќ мешавад. Чї тавр? 6,5 млрд. кВт соат барќи аз "ТАЛКО" монда ва 5,5-6 млрд кВт соат барќе, ки оби эквивалент ба он њамасола тобистон аз обанбори Ќайроќуму Норак партофта мешаванд, кулли ниёзи иќтисодиёту мардуми кишварро бароварда мекунанду даъвоњои Тољикистон дар сатњи байнулмилал, ки мардуми кишвар бебарќ аст, дигар беасос мешаванд.

«

Ва бо њамин бо тањлили даъвоњои њавоии Ўзбакистон иктифо карда, ба асли масъала мегузарем. Чаро як кишвари обрўманди минтаќа ба њамчунин як иддањои бепоя худро саргарм карда, мехоњад ба торњои асаби мардуму роњбарияти Тољикистон нохун занад? Њадаф аз ин амал чист?

Њадаф - Роѓун Ба касе пўшида нест, ки Тошканд мухолифи сарсахттарини сохтмони НБО-и "Роѓун" аст. Солњост, ки њамчунин даъвоњои зистмуњитиву амниятї ва бар илова, кам шудани обро то љаласањои байнулмилалї мекашонад. Аммо њоло, ба назар мерасад, ба хулосае расидааст, ки ин набарди иттилоотиро алайњи Роѓун бохтаасту мебинад, ки љомиаи љањонї ба њарфњояш торафт камтар гўш мекунанд. Тољикистон марњала ба марњала ба сохтмони сарбанди Роѓун ва бастани маљрои Вахш наздик мешавад. Ин вазъ Ўзбакистонро маљбур кард, ки масъалаи "ТАЛКО" - ро сахттар гирад. Тањлил нишон медињад, ки Узбакистон роњи нав, даќиќтараш тактикаи навро пеш гирифтан дорад. Ва тавре болотар ишора кардем, ба ин кор замоне даст зада истодааст, ки мавсими обёрї дар Узбакистон ба охир расида истодаасту Тољикистон аз фишанги обї кор гирифта наметавонад. Тибќи ин тактика Тошканд, агар муваффаќ ба бастани "ТАЛКО" шавад, аз сохтмони ИБО-и "Роѓун" њам љилавгирї мекунад. Чї тавр? Хеле одї. Ваќте "ТАЛКО" аз кор монд, Тољикистон солона "соњиби" наздик ба 12 миллиард (!) кВт соат неруи барќ мешавад. Чї тавр? 6,5 млрд. кВт соат барќи аз "ТАЛКО" монда ва 5,5-6 млрд кВт соат барќе, ки оби эквивалент ба он њамасола тобистон аз обанбори Ќайроќуму Норак партофта мешаванд, кулли ниёзи иќтисодиёту мардуми кишварро бароварда мекунанду даъвоњои Тољикистон дар сатњи байнулмилал, ки мардуми кишвар бебарќ аст, дигар беасос мешаванд. Ин тактика бояд орзуи сохтани ИБО-и "Роѓун"-ро "гўр кунад" ва он, албатта, љонибдорони худро дар Тољикистон њам меёбад. Он ки истењсолоти нодир ва активи беш аз 1,5 миллиарддоллара барои њамешагї аз даст мераваду (барои эњёи дубораи корхона беш аз 300 - 350 млн.доллари ИМА сармоя ва бозорёбии нав лозим мешавад, ки дар вазъи буњронии бозори алюминум таќрибан номумкин аст) беш аз 10 њазор мардуми аксаран узбакзабон бекор мемонанд, барои Тошканд муњим нест. Бе хун мондани шарёнњои иќтисоди миллї, ки наздик ба 1 млрд. доллар гардиши КВД "ТАЛКО" таќрибан 25 %-и гардиши хунро таъмин мекунад, боз њам ба манфиати Узбакистон аст, зеро истиќлолияти иќтисодии Тољикистонро осебпазир ва роњбарияти сиёсии


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

МАВЗУИ АСОСЇ

3

ЊУЉУМ БА РОЃУН Пушти тавтиањои нави Тошканд алайњи "Талко" чї меистад? онро, новобаста аз шахсият гапдаро мегардонад. Аммо то расидан ба ин њадаф Ўзбакистон чанд иќдоми дигар мекунад, ки аз ќарори Сенати Олий Маљлис хондан мумкин аст ва баъзе аз манобеъ њам пештар ишорањое ба онњо мекарданд.

Акти террористї ва вазъи фавќулодда Ваќте ин нињод - Сенат - мегўяд, ки "дар њудуди Ўзбакистон њамаи чорањо дида шаванд… ва ба хотири ин, ЊАМАИ МЕЪЁРЊОИ ЗАРУРИИ ТАШКИЛЇ - ЊУЌУЌЇ, ЗАХИРАЊО ВА ИМКОНИЯТЊОро сафарбар намоянд", метавон бо боварї тахмин кард, ки ба њамин ќарибї дар марзи Тољикистону Ўзбакистон ягон тавтиа (провокатсия) рух хоњад дод, масалан, ба таври сунъї вазъи экологї дар Сариосиёву Узун ва Дењнав, навоњии наздик ба марзи Тољикистони вилояти Сурхондарё "бад" мешавад. Ин тавтиа Тошкандро ба иќдоми дигар меорад: эълони вазъи фавќулодда дар навоњии марзї бо Тољикистон ва роњбандии нав. Тибќи ќавонини байнулмилал, ваќте як кишвар вазъи фавќулодда эълон кард, ќавонини байнулмилал дигар кор намекунанд. Ин чї маъно дорад? Ўзбакистон њуќуќ пайдо мекунад, ки воридоти ашёи хом ба "ТАЛКО" - ро манъ кунад. Њоло корхона бо се ширкати хориљї - "Талко менељмент", "Гленкор" (Шветсария) ва "Њидро" (Норвегия) шарику њампаймон мебошанд. "Талко - менељмент" алюминийро ба дуи дигар мефурўшад. "Гленкор" ва "Њидро" беш аз 1 млн. тон ба "ТАЛКО" гилхок меоранд ва бар ивази он њудуди 350 њазор тон алюминийро бо низоми толлингї мехаранд. Њоло тибќи ќавонини байнулмилал агар Ўзбакистон ба фаъолияти ин се ширкат халал расонад, сахт муљозот мешавад, масалан, ин ширкатњо ба Суди Олии Лондон шикоят меба-

ранд ва Суд захирањои хориљии Бонки милли Ўзбакистонро ба њабс мегираду аз он њисоб зарари њаррўзаи ширкатњоро пардохт менамояд. Ўзбакистонро то имрўз мањз њамин хавф нигоњ медошт. Аммо њоло ба назар мерасад, ки тактика дигар шуд. Вазъи минтаќа бошад, то љое ба фоидаи Тошканд аст.

ИМА - и пойбанди Тошканд Вазъи геополитикї дар минтаќа то љое ба "ниятњои нек" - и Ўзбакистон созгор њастанд, пеш аз њама наздикшавии бесобиќаи он бо ИМА аст. Бидуни бањс, мешавад гуфт, ки Вашингтон Тошкандро амалан шарики стратегии худ карду Ўзбакистон аз мадори Русия рафт. Моњи майи соли равон НАТО дар Ўзбакистон дафтари минтаќавии худро боз кард (ин марказ метавонист дар Тољикистон њам ба вуљуд ояд, аммо Тољикистон нахост. Сафари конгресњои амрикоиро ба ёд биёред). Чаро интихоби Вашингтон сари Тошканд афтод? Аввал, ба хотири имконоти логистикї ва сипас, ба хотири амбитсияњои минтаќавии Тошканд.

«

ИМА тариќи Тошканд метавонад ба Ќирѓизистон, Тољикистон, Туркманистон ва Ќазоќистон таъсир расонад ва таври маълум, Ўзбакистон бо њамаи ин кишварњои сари созиш надорад, балки як навъ дар вазъи "гургоштї" ба сар мебарад. Аз нуќтаи назари љуѓрофї, Ўзбакистон мувофиќтарин кишвар барои транзити таљњизоти НАТО аз Афѓонистон аст. Нафъи бештарро њам аз ин хуруљ Тошканд хоњад дид, чун ваъдаи 1,5- 2 миллиард доллар таљњизоти низомиро њам гирифтааст. Аммо ин пеш аз њама барои густариш додани њузури низомии ИМА дар Осиёи Марказї созгор аст, чун метавонад ин силоњњоро бо бањонаи кўмаки минбаъда ба њукумати Афѓонистон ё њар кишвари дигар дар њудуди Ўзбакистон "захира" кунад ва бо њамин амалан пойгоњњои низомии худро эљод намояд. Аз љониби дигар, бино ба иттилои Палатаи тиљоратии Ўзбакистону ИМА, як пакети сармоягузории 4 - миллиардаи амрикої барои Ўзбакистон омода шудааст, ки 5-уми сентябри соли равон дар љашни 20 - солагии муносибатњои дипломатии ду кишвар муаррифї хоњад шуд. Узви ин палата ширкатњои љањонии Амрико, назири Boeing, Case New Holland, Cameco Corporation, Coca-Cola, FMN International, Inc., General Electric, General

Ин хулосаи маќоми олии ќонунбари кишвари њамсоя Сенати Олий Маљлис аст, ки баъди баргузории Конфронси оби Душанбе дар Тошканд ќабул шуд ва аз њама аљиб ин аст, ки ин ќарор бо љумлаи зер анљом меёбад: "Аз њалли фаврии ин масъалањо имрўз њаёт ва саломатии садњо њазор сокини Ўзбакистону Тољикистон, сарнавишти наслњои оянда, ки бояд дар ин минтаќа зиндагиву кор кунанд, вобаста аст".

«

Motors, Harris Corporation, Honeywell, Indsur Stelcor, Inc. ва ѓайраву њоказо њастанд. Аммо аљобати кор дар њамин аст, ки на танњо ИМА, балки Русияи ањди Путин низ гаравгони вазъ ва худи Ислом Каримов гаштаанд.

Гаравгони Каримов "Нигоњ" бар он аст, ки Тошканди Ислом Каримов аз оѓози истиќлолият мухолифи тарњњои њамгиройї, њарби-сиёсї ва империяхоњии Маскав буду њаст. Ислом Каримов тарњи "ИДМ" (СНГ) - и Елсинро амалан ќабул надошт, аз љумла аз 1 200 њуљљате, ки дар ин иттињод ќабул шудаанд, беш 1000 санадро риоят намекунад. Мисоли барљаста, њамин низоми раводид аст, ки бо Тољикистон дорад, аммо созишномањо дар доираи ИДМ раводидро пешбинї накардаанд. Ислом Каримов тарњњои њарбї - сиёсии Владимир Путин СПАД (ОДКБ) ва нерўњои зудамали он - КСОРро њам ќабул накард ва ду бор аз узвияти СПАД намоишкорона даст кашид. Тарњњои империяхоњонае, ки ахиран Владимир Путин ба амалї карданашон шурўъ кард - Иттињоди гумрукї ва Иттињоди Авруосиё бидуни ширкати Ўзбакистон аслан маъно надоранд, чун ин кишвари аз лињози геополитикї дар минтаќа муњим асту Ислом Каримов ва элитаи сиёсии Узбакистон шарту шароити худро доранд, ки Путин бо њама даѓдаѓањояш онњоро нодида гирифта наметавонад. Ин аст, ки мо ба таъкид мегўем, Путин гаравгони Ислом Каримов шудааст. Ана, дар њамин вазъ, љомеаву давлати моро зарур аст, ки дар ќиболи тактикаи нави Узбакистон, ки оќибаташ низоъи митаќавї аст, тадбир андешанд. Зеро њуљум ба "ТАЛКО њуљум ба "Роѓун" асту њуљум ба "Роѓун" њуљум ба ояндаи иќтисоди миллї... "Нигоњ"

100 рўзи зиндонии Зайд Саидов: аз шоъеот то њамоќат? 144 рўз ќабл Зайд Саидов эълон намуд, ки њизби сиёсии љадид - «Тољикистони нав» ба майдони сиёсии Тољикистон ќадам хоњад нињод. Ў дар садри гурўњи ташаббускор ќарор дошт. Њадаф аз ин иќдомро талош барои расидан ба ояндаи дурахшони ин миллат ва ватан арзёбї мекард. Зайд Саидов, ки пас аз вазирї дар њукумати Тољикистон ба соњибкорї машѓул гардид, аз соњибкорони наздик ба њукумат ном бурда мешуд. Аз башумор соњибкорони муваффаќ дар Тољикистон ба њисоб меравад, ки асрори муваффаќияти ўро дар ќаробати хешу таборї, мањаллї ва дигар пайвандие ба доираи њукмрон љустан намешуд. Тавоноиву кордонї, аризишмењвариву инсондўстиаш, адолатпешагиву ростиашро сирри нумўву рушди тиљорати ў медонистанд. Ваќте аз иќдоми таъсиси њизби сиёсие хабар дод, вокуниши љомеаи њушманди кишвар гуногун буд. Баъзењо ўро Прохорови тољик ном бурда, мегуфтанд, дар арафаи интихобот њизби киссагии дигаре ташкил карданд.

Нафароне низ буданд, ки дар паси ин тарњ хориљињоро мељустанд. Дар тасаввури онњое, ки Зайд Саидовро аз наздик мешинохтанд, њељ намеѓунљид, ки ў ба чунин иќдоми љиддї даст задааст. Мањз љиддї мегуфтанд. Чунки медонистанд, ки Зайд Саидов њељ гоњ ба мисли пиёдае дар бозии шоњмот набудааст. Тарњњои иљронамудааш дар пойхтахти Тољикистон гувоњи ин низ њаст, ки бузургтарину муосиртарин биноњоро ширкатњои ў бунёд кардаанд… Нафароне низ буданд, ки барои ин амалаш ба сўи Зайд бо рамзи эњтиром кулоњ аз сар гирифта, нимтаъзим менамуданд. Ё таъкидњое низ садо медод, ки агар Зайд Саидов њам садо баланд намекард… Њарфи ахир ва муайянкунанда дар ин шоъеот атрофи тасмими Зайд Саидов аз њукумат буд. Њама вокуниши њукуматро интизор буданд. Дар ин маврид низ фарзияњои гуногун гуфта мешуд. Аммо ќазия ранге гирифт, ки агар чунин намешуд, боиси тааљљуб мегардид. Њукумат мавќеъашро муайян кард…

Баъд аз 44 рўзи эълон аз ин тасмим Зайд Саидов дар фурудгоњи шањри Душанбе боздошт гардид. Инак, аз он соат 100 рўз сипарї гардид. 100 рўзи зиндонии Зайд Саидов нишон дод, ки Прохорови тољик њоло тавлид нашудаасту дасти њељ хориљие дар ин ќазия исботи худро наёфтааст. 100 рўзи зиндонии Зайд Саидов нишон дод, ки њанўз тољике њаст, ки барои њадафаш омода аст, аз тамоми дороиву њатто зану фарзандон чашм пўшаду ба роње равад, ки ояндааш маълум аст. 100 рўзи зиндонии Зайд Саидов нишон дод, ки ў љонибдороне дорад, ки омодаанд дар зиндон ўро њамроњї кунанду њатто ба љои ў азоби зиндонро бикашанд. 100 рўзи зиндонии Зайд Саидов нишон дод, ки иттињомоте, ки нисбат ба ў эълон медоранд, њеч ба шаъни ў часпанда нест. Бигзарем аз њамаи ин. Шояд маќомоти тафтишотї чизе донанд, ки мо надонем. Аммо як чи ќобили мулоњиза ва андеша аст. Ин му-

носибат баъди 100 сол чї бањо мегирифта бошад, њатто баъди 100 рўзи дигар? Тавре, ки мо имрўз муносибати амалдорони манѓитиро нисбат ба мухолифонашон њамоќат номида, нуќтаи баланди ањмаќї меномем, чунин бањо мегирад?! Ё муъљизае рух медињад, ки берун аз њар гуна пешбиниву интизороти мост? Ба њар сурат, Худо накунад, ки дар оянда нисбат ба мо бигўянд: сад њайфашон, ки дар асри њамоќат ба сар бурдаанд…


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

РАНДАИ «НИГОЊ»

НОРАК - ИФТИХОРИ ТОЉИКИСТОН Аз 20 - ум то 21 - уми августи соли равон дар шањри Душанбе Конфронси байналмилалии сатњи баланд рољеъ ба њамкорї дар соњаи об баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 1000 мењмони хориљї аз 70 кишвари љањон ширкат варзиданд. Рўзи 22 - юми август тамоми њайати мењмонони хориљї ва рўзноманигорони дохиливу хориљї бо салоњдиди худ мавзеъи сафарро интихоб карда, ба чор гуруњ таќсим шуданд. Љињати шиносої бо захирањои обии Тољикистон ва барои экскурсия ба Бўстонсарои беруназшањрии Пуѓуси ноњияи Варзоб, Ќалъаи Њисори ноњияи Њисор, НБО -и Нораки шањри Норак ва кўли Сарези Бадахшон тавассути наќлиёт ва тайёра расонида шуданд. Ман худро ба рўйхати НБО - и Норак номнавис кардам. Аз љамъи экскурсияњо талабгорони "Норак" зиёд буданд. Тавассути 25 минибуси тамѓаи "Мерседес", се мошини БДА аз пеш, сетои дигар аз ќафо вориди нерўгоњ шудем. НБО - и Норак яке аз мавзеъњои стратегии кишвар аст, ки он тавассути афсарону аскарони Гвардияи миллї посбонї мешавад. На њама ваќт дохили он шудан барои шахсони бегона имкон дорад. Аммо он рўз истисно буд. Роњбаладони нерўгоњ тамоми њайатро бо осорхона, китобхона, маркази зилзиласанљї, агрегатњо, обанбор, сарбанд, сарбанди обпартої, наќбњои обпартої ва бо соњили обанбор шинос намуданд. Иншооти асосии НБО аз сарбанди сангу гилї, маљмааи иншооти обпарто, ки дар соњили чапи дарёи Вахш љой гирифтанд ва маљмааи фишорї - истгоњї иборат мебошад. Обанбор, ки дар натиљаи пеши дарёро бастан сохта шудааст, обанбори танзими солона ба шумор рафта, аз саргањи сарбанд дар масофаи 70 километр тўл кашидааст. Майдони умумии обанбор аз боло 98 километри квадратї буда, њаљми оби коркарди солонаи он 53 метрро ташкил медињад. Сарбанди маљмааи гидроэнергетикї сангу гилї буда, маѓзи (ядрои) марказї дорад. Баландии сарбанди он 300 метрро ташкил дода, барои бунёдаш 54,2 миллион метри мукааб сангу шаѓал сарф шудааст. Такягоњњои призмашакли сарбанд аз шаѓал пур карда шуда, маѓзи (ядрои) он амудї шакл гирифта, аз сурххок ва шаѓалу маводи сангии диаметри максималиашон то 200 метри мурабаъ асос ёфтааст. Масоњат аз маѓз то

такягоњњо бо филтрњои ѓафсияшон таѓйирёбанда, ки аз маводи махсус тайёр карда шудаанд, бастабандї шудааст. Ба хотири заминљунбї ва фишори мављї тобовар будан, канорњои сарбанд аз ду тараф бо харсангоњњои гарони аз тарафи обанбор ѓафсии ќабаташон 20 - 40 - метра ва тарафи резишгоњи поён ѓафсии ќабаташон 5 - 10 метра - мустањкам карда шудаанд. Дар ќисмати поёнии нишемангоњ садди бузурги бетонї бунёд ёфтааст, ки он њамчун асоси ядрои сарбанд хидмат менамояд. Њаљми ин садди бузурги бетонї 149 њазор метри мукааб буда, дарозияш лаб - лаби маљро 157 метр ва байни канорњои дара аз 30 то 60 метрро ташкил медињад. Болои садди бетонї бо плёнкањои полимерї бо ду ќабат маводи шишапахта мустањкам карда шудааст. Сарбанд ба хотири пешгирии ќабати замин дар жарфии аз 40 то 130 метр пардаи муќобили филтршавии об бунёд шудааст. Ба ѓайр аз ин, дар жарфии 8 метр асоси ядро бо семент мустањкам карда шудааст. Бунёди сарбанди НБО - и Норак, ки њоло њам бузургтарин дар олам ба шумор меравад, намунаи барљастаи андешаи муњандисї ва аќли инсонист. Масолење, ки аз он ин сарбанд бунёд ёфтааст, айнан он хоку шаѓал аст, ки куњу теппањои атроф аз он бино ёфтаанд. Ба иддаои мутахассисони соња дар ин љо бунёд намудани сарбанди сесадметраи сементї ба талаботи мањал мувофиќат намекард. Соли 2004 ваќте ширкати "Русал" мехост, ки НБО - Роѓунро созад, барои сарфаи маблаѓ азм дошт, ки сарбанди НБО - Роѓунро на бо сангу гилу хок, балки бо тариќи бетонпўш кардан бунёд намояд. Аммо Тољикистон ба тасмими ширкати "Русал" зид баромад. Пеш аз ин зилзилашиноси машњури тољик академик Собит Неъматуллоев, ки дар арсаи љањонї низ шахси шинохта шудааст ва баъдан Николай Савченко, собиќ сардори сохтмони НБО - и Роѓун муќобили бо тариќи бетонпўш бунёд кардани сарбанди ин нерўгоњ ибрози назар карданд. Онњо барои тобовар будани сарбанд дар њолатњои зилзила ва њодисањои ногањонї тарафдори бо сангу гилу хок бунёд намудани он буданд. Мавќеъи онњо баъдан аз љониби якчанд мутахассиси соњаи энергетикаи сатњи љањонї низ њамовозї пайдо кард.

Сохтмони НБО - и Норак соли 1961 оѓоз ёфт, агрегати якуми он, бо иќтидори 300 МВт, 15 - уми ноябри соли 1972, нерўгоњ бо иќтидори пуррааш- 2700 МВт соли 1979 ба истифода дода шуд. Соли 1988 баъди таљдид ба 3000 МВт расонида шуд. Сарбанди ин нерўгоњ соли 2000 - ум дар шањри Женава медали "Ситораи тиллої" - и сифат ва соли 2010 дар Чин сертификати сифатро соњиб шудааст. Шањри Норакро макони моњипарварї мегўянд. Воќеан, њангоми дидани обанбор моњињои зиёде дар он шино ва љастухез мекарданд. Коршиносони соњаи моњипарварї бар ин боваранд, ки моњипарварї дар обанбори Норак имконияти хубе медињад, ки ањолии кишварро бо моњии аз љињати экологї тоза ва бо нархи арзон таъмин намуд. Абўалї НЕКРЎЗОВ


БО ЯК ЊИЗБЇ - Дуруст хелењо рафтанд. Ќурбон Восиев њоло аъзои њизби мо нест. Латофат Назирова њам бинобар ба вазифаи давлатї рафтан аз њизб рафт. Дар Оиномаи њизби мо њамин талабот њаст, ки касе ба вазифаи давлатї меравад, аз њизб мебарояд. - Аммо чаро шумо њам вазифаи давлатї доред, вале аъзо ва раиси њизбед? - Медонед, ман раиси њизбам ва бояд, ки кор кунам... - Шумо ректори Донишкада њастед. Ба ин вазифа бо фармони президент таъин мешавед? - Бале, бо пешнињоди ректори Донишгоњи миллї ва президент амр медињад. - Пас ректор будани Шумо имтиёзи сиёсии Шумо ба ивази раисии њизб нест, дар њоле, ки аъзо ва раисони њизбњои дигарро њатто дар мактабњои миёна намегузоранд муаллим бошанд? - Не, ин тавр нест. Ваќте лонаи замбўрро сих кардед, албатта, ба Шумо зањр мезанад, мегазад. Мухолифон њамеша "тиру танкашон" пур кардагї њукуматро танќид мекунанд, ину он мекунанд. Баъд њамин тавр

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

5

шудан ба мо талош мекунанд. Њоло барои чї ба мо њамроњ шаванд? Дар бозори мо меваи худї нест, нархњо њар рўз боло мераванд, роњњои моро кишвари њамсоя мебандад, дар бунбаст ќарор мегирем, об надорем, ањволи иљтимої ва сиёсї маълум, барои чї оянд? Барои ин мо бояд, тавре кунем, ки худашон оянд. - Масъалаи Роѓун. Иродаи ба кор даровардани онро хоњед кард? - Албатта, ба кор медарорам. Тибќи барномаи давлатї, соли 2015 бояд њар ду агрегати неругоњи обии барќии Роѓун ба кор дарояд ва мушкили бебарќии мардум њал шавад. Ман ин корро њатман мекунам, мо дар 15 - 16 сањифа барномаи пешазинтихобтї навиштем ва дар ин љо њам дар бораи ин неругоњ њадафњо аст. - Шумо дар изњороте, ки унвонии маќомоти ќудратї навиштед, эътилофи ИНИТ, ки аз љомеаи шарњвандї, њизбњои сиёсї ва ѓайра иборат аст, дар нохунак ватандўст гуфтед, ки пеши роњи онњо гирифта шавад. Оё ин туњмат ба онњо нест? - Ман Муњиддин Кабириро дар назар на-

Абдуњалим ЃАФФОРОВ:

"ДАФТАРИ ЊИЗБИИ МОРО ДАР ЌИМОР БОХТАНД" - Шумо номзадии худро ба интихоботи президентї эълон кардед, оё ин хилофи Ойиномаи Њизби сотсиалистї ва ќонун дар бораи интихобот набуд? - Ман номзадиамро эълон накардам, инро хабарнигорон нодуруст шарњ доданд. Ман ба радиои "Озодї" рафта, изњороти Њизби сотсиалистро, ки ба номи Прокуратураи генералї, Кумитаи давлатии амнияти миллї, президенти Тољикистон, Суди олї, вазири корњои дохилї нисбати гуруњи эътилоф ва Рањматилло Зоиров, раиси Њизби сотсиал-демократ бурдам. Ваќте аз ман суол шуд, ки дар интихобот ширкат мекунам, гуфтам, бале, аммо мушаххас нагуфтам, ки ман номзадам. Аммо нашрияњои дигар њам аз ин њангома сохтанд. Рўзи 18 сентябри соли љорї Анљумани њизб доир мегардад ва мо ният дорем, ки панљ номзадро пешнињод ва якеро интихоб кунем. Эњтимол он номзад ман набошам. - Њоло маќомоти ќудратї ба номаи Шумо чї љавоб додаанд? - Не, ман номаро мустаќиман набурдаам. Онњо худашон аз интернет "скачат" карда мегиранд ва чора меандешанд. Ман намехоњам, ки Зоиров аз номи њизби мо њар љо гап занад. ЊСТ бо ягон њизб эътилоф надорад. - Шумо таљрибаи ширкат дар интихоботи президентии соли 2006 - ро доред. Чї ќадар харољотро талаб мекунад? - Њамаи харољоти номзади маќоми президентї аз њисоби маблаѓњои буљавии давлатї аст, ин љо гаравпулї ва миќдори мушаххаси маблаѓ нест. Аммо ман наздик ба 60 њазор сомонии дигар харљ кардам, зеро ба тамоми минтаќањо сафар кардам ва њадафњои оиномавии њизбро расондам. - Оё љамъоварии имзо он сол мушкил набуд? - Алабатта, мушкил буд, аммо мо тавонистем бо сахтї ин имзоњоро љамъ кунем. Тибќи ќонун имзоњо дар бланка љамъ мешаванд, ному насаб ва раќами шиносномаи муаллифи имзо њам ќайд мешавад ва ин имзоњоро раисони шањру ноњия бояд, ки муњр зананд ва баъд расмї хонда мешавад. Аммо, раисони шањру ноњияњо бо њар бањона мегурезанд, то муњр назананд. Соатњо пушти дари онњо интизор мемонед, ин яке аз монеањои интихоботии мо аст. Ин њолатњо дучор мешаванд, агар шумо номзад ба интихоботи президентї шавед. Мо аз вилояти Суѓд њудуди 70 њазор, Хатлон - 60 ва ВМКБ миќдори камтари имзоро љамъ кардем, талаботи ќонунро иљро намудем. Имзои 5% - и интихобкунандањоро љамъ кардан кори осон нест.

Раиси Њизби сотсиалистии Тољикистон мегўяд, ки дафтари њизбии онњоро дар бозии ќимор бохтаанд ва ин боиси бедафтарии онњо шудааст. "Нигоњ" бо Абдуњалим Ѓаффоров атрофи "сир"-и пешнињоди номзадиаш ба президентї суњбат кард. - Њизби шуморо "њизби кисагї" мегўянд. Пас аз интихоботи соли 2006 раќибони Шумо - Олим Бобоев раиси Њизби ислоњоти иќтисодї вазири наќлиёт шуд ва Амир Ќараќуллов раиси Њизи аграрї, њатто њизби ахирї дар парлумон ду курсї гирифт. Чаро Шумо аз ин имтиёз бархўрдор нашудед? - Ана, дидед, њамин роњ надодани мо ба парлумон ва надодани мансаб "кисагї" набудани моро дар назди љомеа ва мухолифон нишон дод. Барои он ки мо дар бораи иљтимоиёт ва мушкилот ошкоро зиёд суњбат мекунем. "Кисагї" мебудем ба мо њам чизе медоданд. Мо бо неруи худ вориди интихобот шудем. Мо наздик ба 20 њазор аъзо дорем, оё ин ќувва нест? - Оё ин љиддї нагирифтани Шумо нест аз тарафи њукумат? - Љиддї нагиранд, мардум моро ба интихоботи президентї пешнињод мекунад? - Теъдоди аъзои ЊСТ чї ќадар аст ва аъзоњаќќї чї ќадар аст? - Теъдоди аъзоёни ЊСТ 18 њазору 992 нафар мебошанд, ки 1 сомонї аъзоњаќї месупоранд. Ин охирин маълумоте аст, ки теъдоди худро мушаххас кардем. - Оё 18 њазор сомонии аъзоњаќї куљо меравад? - Мо аз аъзои ќатории камбизоат аъзоњаќќї намегирем, танњо аз раисони њизбњо дар шањру ноњияњо, аъзои Кумитаи иљроия љамъ мешавад ва ин маош ё моњонаи онњо мешавад. - Аз њамин теъдод њам таќрибан чї ќадар маблаѓ љамъ мешавад? - Намедонам.. - Њамчун раиси њизб маош мегиред? - Не, дар Ойиномаи мо ин мушахас нашудааст. Аз раисї маош намегирам ва ягон даромад њам надорем. - Дафтари корї доред? - Њамаи дафтару моликияти њизбро пешвоёни аввалааш фурўхтанд, онњое, ки њоло худро њомии њизб гирфита истодаанд. Ваќте дафтари кориро дар ќимор гузошта, бохтед, оё ин нишони аќли солим аст? Мо доштем, њамаи чї буд, аммо њамаро дуздї карда, шахсї карданд ва баъд бохтанд. Боз даъвои роњбарии њизб мекунанд. - Чаро аъзоёни фаъол ва поягузорони њизб аз њизб, масалан, Ќурбон Восиев ва Латофат Назирова ба ЊХДТ рафтанд?

љавоб мегиранд. Худи онњо барои мардум чї карданд? Барои њамин аз њама љо ронда мешаванд. Ман дар интихоботњои гузашта президентї ва парламентї - ягон маротиба сиёсати президент ва њукуматро таъриф накардаам. Ман барномањои њизбии худро муаррифї кардам. Онњо њаќ надоранд, ки ба љойи 8 миллион ањолии Тољикистон њарф зананд. - Маоши ректорї чї ќадар аст? Оё рост аст, ки Шумо имсол дар пешорўи интихобот бо мошини хидматї таъмин шудед? - Маоши ман зиёда аз 3 њазор сомонї аст, ки маоши хуб аст. Бале, моро рўзњои наздик бо мошини хидматї таъмин карданд. Аммо, то њол ронанда надорам, зеро дар штаби мо басти алоњидаи ронандагї набуд, акнун аз 1 январ дохил мекунем. Наќлиёти хидматиро мо аз соли пеш дархост карда будем, аммо аз сабаби он, ки ректорњои Донишгоњи миллї иваз шудан мегирифтанд, ин ба дарозо кашида шуд. - Њаљми маблаѓе, ки аз њисоби буља барои Донишкадаи шумо људо мешавад, чї ќадар аст? - Зиёда аз 120 њазор сомонї аст, ки ин сол то сол зиёда шуда истодааст. Мо тасмим гирифтем ки барои ронандагон курсњо баланд бардоштани сатњи ронандагї ва барои соњибкорон курсњои такмили соњибкориро ба роњ монем. - Шумо соли гузашта тасмим доштед, ки бо љиноњи Мирњусейн Назриев муттањид шавед. Натиља чї шуд? - Ман нафареро, ки дар ин бора њарф мезанад, суд мекунам. Шуморо њам барои ин суол ба суд медињам. Мо њељ гоњ бо оне, ки ба њизб хиёнат кардааст, якљо шуданї нестем. ЊСТ як роњбар дорад ва якто аст. Чї мо аз пеши худ роњбар шудем ва номзадии моро пешнињод карданд? Нафари гуфтагии Шумо њељ гоњ аъзои њизби мо намешавад. - Агар Шумо дар интихоботи президентї пирўз шудед, Самарќануду Бухороро ба тољикон бармегардонед, ё аз ин масъалањои муњим худдорї мекунед? - Агар ман пирўз шавам, сатњи зиндагии мардумро ончунон баланд мекунам, ки шањрвандони Самарќанду Бухоро худашон ба мо њамроњ мешаванд. Сатњу сифати зиндагиро ин љо ки бењтар кардї, обод кардї, ана, мебинед, ки онњо худашон барои шомил

дорам. Вай шахси донишманд аст, вайро дўст медорам. Рањматилло Зоировро дар назар дорам, ки аз номи њизби мо њарф мезанад. Вай чї њуќуќ дорад, ки гуруњ таъсис дињаду ѓайриќонунї будани њизби зери роњбарии маро тафтиш кунад? Маро аъзои ЊСТ раис таъин кардаанд. Аз номи њашт миллион ањолї њарф задан маънї надорад. Кори худашро кунад, ба мо чї кор дорад? - Ба назари Шумо, вазъ ва корзори интихобот чї гуна аст? Оё ширкататон сањнасозї нест? - Айни њол вазъ хуб аст ва корзорам тибќи ќонун сурат мегирад. Ман бовар дорам, ки интихобот шафоф мегузарад. Мо њељ ваќт ба хотири сањнасозї вориди интихобот нашудем. - Роњбарии Шуморо дар њизб 9 сол мешавад. Оё ин муддати тулонї нест ва омода њастед, ки раисиро ба нафари нав супоред? - Дар асоси Оиномаи њизбї мо муњлатро то 10 сол мушаххас кардем, Анљуман њар чї гўяд, њамон мешавад. - Оё байни Шумо ва ЊХДТ дар љамъоварии имзо барои номзади ЊСТ дар интихобот маслињате шудааст? То љойе мо иттилоъ дорем, бо машварат бо њизби њоким њизбњои аграрї, сотсиалистї ва ислоњоти иќтисодї дар интихобот ширкат мекунанд. Гуё ЊХДТ барои номзадии Шумо дар гирифтани имзо кўмак мекунад? - Не, ба Худо, ин хел маслињатњо нашудааст ва мо худамон аллакай гурўњи кориро барои имзо љамъ кардан омода кардаем. Соли 2006 5 њазор нафар аъзои њизб барои љамъоварии имзо сафарбар шуданд. Љамъоварии имзои наздик ба 200 њазор нафар душвор аст. Боз њар як имзокунанда ному насаб ва раќами шиносномаи худро менависад, ки болои баъзе аз онњо фишорњо њам мешавад. - Рост аст, ки соли 2006 Шумо имзои таќаллубї њам љамъ кардед? - Бале, дар интихоботи соли 2006 5 њазор имзоњои љамъкардаи моро таќаллубї гуфта баргардониданд ва ин хатои мо буд. Боварї дорам, ки имсол ин хато содир намешавад.

Сўњбати Њарамгули ЌОДИР


6

МУШКИЛИ ХАЛЌЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

Соли нави тањсили 2013 - 2014 - ро шуморе аз хонандагони синфи чоруми мактаби раќами 55-и ноњияи Рўдакї на аз соати 8 - и субњ, ё 12, балки аз соати 17 -и бегоњ сар карда, соати 21-и шаб ба анљом мерасонанд. Волидайнро ин њол хавотир кардааст. Писари Зоиршоњ имсол ба синфи чоруми ин мактаб меравад. Ў мегўяд, хонаи ў аз мактаб дуртар буда, аз амнияти фарзанди ноболиѓаш хавф дорад: - Маљбурам њар рўз ўро аз мактаб гирам. Аммо ман рўзона кор карда, хаста мешавам. Мушкил аст, ки њар рўз ба мактаб омада равам. Рўзњои бањору тирамоњ як бало мекунем,

- Мо ба намояндаамон дар Маљлиси Намояндагон Галия Рабиева мурољиат кардем. Ў ин мушкили моро ба вазорати маориф расонд. Дар наќшаи сохтмонњои маориф барои соли 2013 ин макабро љой додаанд. Дар наќша аст, ки имсол бо ризоияти вазорати маориф 8 синфхонаи нав созем. Шуъбаи маорифи ноњия њам медонад. Ба халќ њам мурољиат карда истодаем. Аммо дар вазорати маориф ба "Нигоњ" иттилоъ гуфтанд, ки наќшаи њељ гуна сохтмоне дар ин мактабро онњо ќабул накардаанд. Котиби матбуотии вазорат Мањмудхон Шоев гуфт, мактаби раќами 55-и ноњияи Рўдакї ба наќшаи

"СМЕНАИ ЧОРУМ" Дар мактаби ноњияи Рўдакї таљрибае љорї мешавад, ки таърихи љањон ёд надорад аммо зимистони сард чї хоњем кард? Директори мактаби раќами 55 - Мањмадзоњир Латипов дар сўњбат ба "Нигоњ" зарурати роњандозии басти чорумро чунин шарњ дод: - Хонанда аз њад зиёд шуд ва дигар мактаб барои онњо тангї мекунад. Мактаби мо њамагї 16 синфхона дорад, аммо дар он соли гузашта 37 ва имсол бошад 39 синф бояд дар он тањсил кунанд. Мактаби раќами 55 -и мањаллаи Чортути љамоати Сарикиштии ноњияи Рўдакї соли 1960 сохта шуда, барои 360 нафар пешбинї шудааст, аммо айни њол дар ин љо 928 кас бояд тањсил кунад. Мањаллаи Чортут дар 3 - километрии шањри Душанбе воќест. Бинобар арзон будани хонањо нисбати шањр мардуми дигар минтаќањо, ки маќсади кору фаъолият карданро доранд, ин љо хона мегиранду месозанд. Ањолии он айни њол ќариб ба 30 њазор нафар мерасад. Аз Мањмадзоњир Латипов пурсидем, ки барои сохтани синфхонањои нав ба куљо мурољиат кардаааст?

сохтмонњои соњаи маориф барои соли 2013 дохил карда нашудааст, зеро вазорати маориф барои сохтани синфхонањо дар њамаи минтаќањои љумњурї маблаѓ надорад: - Мактаб дар ихтиёри њокимияти мањаллии ноњияи Рўдакї аст. Чораашро бояд масъулони ноњия бинад. Вазорати маориф њамаашро фаро гирифта наметавонад. Барои мо маблаѓњое, ки бевосита барои сохмони мактаб бошад, ќариб ки људо карда намешавад. Дигар ин ки ноњияи Рўдакї ноњияи дотатсионї нест. Мо дар навбати аввал ба ноњияњое, ки дар дотатсияи давлатианд диќќат медињем, зеро ин ноњияњо маблаѓи кофї надоранд ва

«

инчунин дар љойњое, ки мактабњо дар вагонњо ва дар хонањои шахсї њастанд. Ин кор вазифаи љонии маќомоти њокимияти мањаллї аст. Онњо бояд созанд. Дар шуъбаи маорифи ноњияи Рўдакї бошад аз роњандозии басти чорум дар мактабњои зертобеашон умуман изњори беиттилої карданд. Фирўза Абдуллоева, муовини мудири шуъбаи маориф ба "Нигоњ" гуфт, дар ноњия 10 мактаби себаста амал мекунанд: - Воќеан, мо маблаѓ надорем. Чанд маротиба ин масъаларо ба барномаи рушди ноњияи Рўдакї пешнињод кардем. Аммо ќабул нашуд. Мо он ќадар маблаѓе надорем, ки њамаи мак-

Волидайнро ин њол хавотир кардааст. Писари Зоиршоњ имсол ба синфи чоруми ин мактаб меравад. Ў мегўяд, хонаи ў аз мактаб дуртар буда, аз амнияти фарзанди ноболиѓаш хавф дорад: - Маљбурам њар рўз ўро аз мактаб гирам. Аммо ман рўзона кор карда, хаста мешавам. Мушкил аст, ки њар рўз ба мактаб омада равам.

«

табњоро аз нав созем. 183 мактаби ноњияи Рўдакї имкон надоранд 89 њазор талабро дар худ ѓунљонанд. Директори мактаби раќами 55 Мањмадзоњир Латипов љадвали дарсиеро ба хабарнигори "Нигоњ" нишон дод, ки дар он бастњои як рўзи тањсил омадаанд: - Басти якум - аз соати 7 то соати 10:15, басти дуюм - аз соати 10:30 то соати 13:00, басти сеюм - аз соати 13:00 то соати 17:00 ва басти чорум - аз соати 17:00 то соати 21. Тавре мегўянд, он чї аён аст, њољат ба баён нест. Дар охир намегўем, ки маориф барои як миллат чї гуна муњим аст. Бале, миллате, ки мехонад, бе барќу гармї њам мехонад. Аммо он даъвоњое, ки масъулини соња мекунанд, баёни нодурусти вазъи соња аст. Нињоят, бояд аз хоб бедор шавем ва ба олам нигарем: дар берун аз кабинетњои шумо - љанобони масъул асри 21 аст. Оё омори шумо дар бораи он, ки Тољикистон сол ба сол пеш меравад, холисанлиллоњ, дуруст аст, дурўѓ нест?

Мулло РАЉАБ

"Љинояткори озод" Љиноятњои пурсарусадо чаро то ба њол боз нашудаанд? Вазири корњои дохилии Тољикистон Рамазон Рањимов љиноятњои вазнинро зери назорати бевоситаи худ мегирад. Аммо на њамаи онњо зуд ошкор мешаванд ва ин боиси шакку гумонњо дар бораи фаъолияти вазорати корњои дохилї дар миёни мардум мешавад. Аммо то куљо ин њолат табиист ва то куљо аз кормандони милиса вобаста аст? Сарбастагї 26 март Сабинаву Малика Араловањо гум шудаанд. Панљ моњ мешавад. Рўзњои аввал ќариб ки тамоми Душанбе ба по хеста буд, ё шањрро ба по хезонданд. Дар истгоњњову љойњои љамъиятї аксњои онњоро њам насб карданд. Њоло ин њама нест. Аммо Улуѓбек Аралов, падари онњо то ба њол умедвор аст: - Мо ба љаноби вазир боварии калон дорем. Боварї дорем, ки духтарони моро пайдо мекунанд. Мо худ як муддат эълонњоро кандем. Агар пайдо нашаванд, боз насб мекунем. 2 июн љинояти вазнин ва вањшиёнае дар ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд рух дод. Соњибкор Ањмадхўља Бобоевро бо њамсараш, духтараш, писараш ва боз як писари 6 - солааш љинояткорон бо истифода аз автомати Калашников ба ќатл расонида, хонаашро оташ зада, ѓайб заданд. 9 июл посбони шўъбаи "Агроинвестбонк" дар ноњияи Файзобод, милитсионери шўъбачаи хадамоти давлатии "Муњофиза" - сержант Шерализода Рањмонхўљаро ба ќатл расонданд. 20 августи соли равон дар ноњияи Исфара Абдуќањњор Халлоќов бо њамроњии њамсар, духтар ва наберааш низ вањшиёна ба ќатл расиданд.

Ин парвандањо гўё ба як "вазифаи хонагї"и вазир Рамазон Рањимов табдил ёфтаанд, зеро њамагї то ба њол нокушода боќї мондаанд ва њам як сарбастагиеро дар љомеа ба вуљуд овардаанд. Ва суол мекунанд, ки чаро онњо боз нашудаанд ва сабабаш чист: ѓайрињирфагии милисањо ва ё љинояте, ки кушоданаш ваќт мехоњад?

Љинояткори муваќќатан зўр? Мањдї Собиров, полковники мустафъї мегўяд, на танњо дар Тољикистон љиноят пўшида мемонад, ё дер кушода мешавад, балки дар тамоми кишварњои дунё дида мешавад: - Ин ба мисоли як боѓ аст, њамаи дарахтони боѓ як хел нестанд, як хел њосил намедињанд. Агар таљрибаи њамон Амрикоро гирем, ду хоњар гум ва пас аз дањ сол пайдо шуданд. Бархе љинояткорон он гуна моњиранд, ки метавонанд љиноятро хеле тарњрезї карда, содир намоянд. Аммо онњо рўзе пеши ќонун љавоб хоњанд гуфт. Дар њамин њол, як њамсуњбати дигари мо гуфт, њама кор аз вазир, ки парвандаро тањти назорат гирифтааст, вобаста нест. Вай гуфт, аз кормандони милиса њам сахт бастагї дорад, ки то куљо њирфаї њастанд. Њамсуњбати мо афзуд, мутаассифона, дар сафњои мили-

са њам афроде ѓайрињирфаї зиёд њастанд, аз ин хотир, мушкилот пеш меоянд. Воќеан, дар бораи кормандони ѓафрињирфаї ва тасодуфї дар милиса як мисол меорем. 24 август дар чорроњаи мањаллаи 46, назди бинои "Диагностика" шахсан шоњиди як њодисаи тааљљубангез будем. Ду корманди милиса як занро мисли "маслуќ" кашола карда, мегуфтанд, ки туро ба "отдел" мебарем. Гуноњи зани бечора њамагї ин буд, ки дар ќади кўча љуворї мефурўхт. Онњо њатто ба чанд рўзноманигор, ки барои дифоъ аз зан рафтанд, беэътиної карданд. Њатто телефони як њамроњамонро, ки ин њодисаро сабт мекард, гирифта, ўро хостанд ба мошин савор кунанд. Мо аз болои инњо ба вазорати корњои дохилї рафта, баёнот низ додем ва хулосаи вазоратро интизорем.

Саркушода Дар таљрибаи Рамазон Рањимов, албатта, танњо соли равон љиноятњое њам буданд, ки ба

зудї ошкор шуданд ва таваљљўњи љомеа аз онњо дур шуд, шояд ба њамин хотир, љиноятњои пурсарусадо бармалотар менамоянд. Масалан, 19 август дар дењаи Дањнаки ноњияи Хуросон як кўдаки 9 - соларо њам таљовуз карда, њам 11 зарбаи корд зада, кушта буданд. Ё Мањмадзоиршо Нуровро бо 11 зарбаи корд дар дохили наќлиёташ дар Истаравшан ба ќатл расонида, љасадашро оварда, дар заминњои як дења мепартоянд ва наќлиёти ўро гирифта, бо тарафи номаълум ѓайб мезананд. Ин љинояти вањшиёна низ дар як рўз боз шуд. Аммо чор љинояте, ки ханўз тањти назорати вазири корњои дохилї аст, њанўз боз нашудаанд. Масъулин мегўянд, тањќиќи онњо идома дорад. Дар њоли то интихоботи президентї боз шудани онњо хотири љаноби вазир ва мардум њам љамъ хоњад шуд. Ва љинояткор њам озод намебуд. Комрони АСЛОН


СЎЊБАТИ ДОЃ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

7

Абдурањим ВОСИЕВ:

"ФИКР КАРДАМ, ПРЕЗИДЕНТ ШАХСАН ДАЪВАТ МЕКУНАНД" Абдурањим Восиев баъди нашри як номаи кушода дар њафтаномаи "Нигоњ", ки дар он аз Эмомалї Рањмон хоњиш карда буд, то ўро ба љойи Зайд Саидов зиндонї кунанд, мавриди фишор ва пурсуљўи маќомот ќарор гирифтааст. Абдурањими 26 - сола, сокини ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон дар мусоњиба бо "Нигоњ" аз воќеае, ки баъди нашри ин матлаб дар њафтанома ба сараш омад ва шинохташ аз Зайд Саидов наќл кард:

- Абдурањим, аз куљо ин ќадар эътиќоду эътимод ба як сиёсатмадор, соњибкори муваффаќ мисли Зайд Саидов, ки аз омодагии худ барои ба љойи ў дар зиндон нишастан баён кардед? Шинохти шумо аз шахсияти Зайд Саидов аз куљо аст? - Шахсияти Зайд Саидро ман њангоми вазир буданаш аз расонањои хабарї медонистам, ки њамчун як вазири собиќ вазири саноати Тољикистон фаъолият мекард. Дар маросими љанозаи яке аз шахсиятњои маъруфи кишвар вохўрда будем. Аввалин бор дар он љо он касро аз наздик дида, бо он кас салом кардем. Аввалин таасуроти мо аз Зайд Саидов аз њамон љо маншаъ мегирад. Баъд аз ин мо медонем, ки чандин корхонаашон фаъол аст. Асотсиатсияи соњибкорони кишварро роњбарї мекард, ки дар ин симмат њамчун як шахси мувафаќ маъруф аст. Роњбари мувафаќтарин соњибкорони Тољиистон буданд. Бењтарин биноњои кишвар, хусусан дар ќаламрави шањри Душанбе, ваќте сохта мешуданд, ба Зайд Саидов бовар карда мешуданд. Барои одамоне, ки ба матбуот майл доранд, бо шахсияти Зайд шинос шудан мушкил надорад. Ваќте мо ин ќадар хубињои Зайд Саидовро мебинем, мусаллам аст, ки мо аз њамин дарича бањо додем ба шахсияти Зайд Саидов. - Шуморо барои ин мактуб ба шуъбаи милиса дар ноњияи Ќубодиён бурданд ва чї пурсиданд? Бо шумо чигуна мунсибат карданд? -Ба њамагон маълум аст, ки ваќте кормандони нињодњои ќудратї даъват мекунанд, чї гуна бархурд доранд. Онњо кўшиш мекунанд, ки бо ягон роњу восита чизи заруриро аз ин шахс гиранд. Ман он љо гуфтам, ки шахсияти Зайд Саидовро мо аз њамон даричае мешиносем, ки расонањои хабарии кишвар инъикос кардаанд. На ба ў хешї дорему на ў њамдењаи мо аст. - Аз шумо чї мехостанд? -Ваќте шумо розї мешавед, ки ба љойи касе зиндонї шуда, тамоми љиноятњои ўро ба гардан гиред, ман фикр мекунам, дар назари кормандони маќомот шумо низ ба љинояткор табдил меёбед. Манзурам аз ин, ки гуфтам, омодаам ба љойи Зайд Саидов зиндонї шавам, то ў озод бошад, ин нест, ки мо худро ба зиндон кашиданї њастем. Ман гуфтанї будам, ки бас аст, аз шахсиятњое мисли Зайд Саидов, аз бузургони

«

- Шахсияти Эмомалї Рањмон барои аз кўдак то пиронсоли тољик имрўз шахсияти воломаќоми кишвар аст, вай шахсияте аст, ки ба иќрори аксари ќишрњои љомеа болотар аз президенти кишвар аст. Болотар аз шахсест, ки метавонад баъди чанд сол аз сари ќудрат равад. Ваќте мо бо ин шакл мурољиат кардем, ростї, ман умед доштам, ки баъди ин мактуб худи президент маро даъват мекунад. Аз ман мепурсад, ки чаро рози њастї, ки ба љои Зайд Саидов ба зиндон равї.

«

ин миллат љинояткор тарошидан. Замоне шудааст, ки миллати тољик ба љое расад. Бисёрињо мегўянд, ки масалан, Додољон Атовуллоев, роњбари гуруњи "Ватандор" бояд дар дохил "ватандорї" кунад. Аз дур гап задан осон аст. Зайд Саидов ваќте ба ў айб эълон карданд, дар хориљи кишвар буд, аммо ў баргашт. Ин чї маънї дорад? Вай ба бегуноњии худ ва адолати ќонунї бовар карда омад. Аз он, ки барои мањву нобуд кардани њамдигар ќувва сарф мекунем, бояд даст кашем. Ман гуфтам, ки назари мо љавонон ин аст, ки аз мањкум кардани Зайд Саидов манфиате ба даст намеорем. Аммо озодии ў ба манфиати мо аст. Ба манфиати миллати тољик аст. Дар сурате, ки ў озод бошад, ман бовар дорам, ки он љиноятњои иќтисодие, ки ба вай баста шуданд, вай пурра онњоро метавонад дар як муддати кутоњ љуброн кунад. - Шумо ба ягон айбе, ки нисбати Зайд Саидов маќомоти Тољикистон эълон карданд, бовар доред? - Бубинед, тазод аст, ки мо аввал Зайд Саидовро ба бисёрзанї айбдор мекунем. Боз шарм надошта, мегўем, ки гуё духтареро таљовуз карда бошад. Оё шахсе, ки имконият дорад, то чањор зан гирад, эътиќоди динияш ўро ба ин чиз иљозат медињад, шароити иќтисодиаш низ ба ин чиз имкон медињад, ба њамин кирдор даст мезанад? Ман фикр мекунам, ки не. Бо вуљуди ин ќадар имконият, як инсони солимфикр њељ гоњ ба ин гуна корњои номатлуб даст намезанад. - Ба ояндаи сиёсии Сайд Саидов бовар доштед? Фикр мекунед, вай дар сиёсат низ муваффаќ мешавад? -Аз љое, ки ман Зайд Саидовро мешинохтам ва чандин муваффаќиятњои ўро дар мактубам ба президент зикр кардам. Яке аз сабабњое, ки Зайд Саидовро ба мањбас кашиданд, шояд

њамин аст, дар соњибкориву дар тиљорату дар сохтмон мувафаќ шуд. Агар ин гуна кору фаъолияте, ки дар ин соњањо дошт, агар дар сиёсат мекард, на камтар аз онњо мувафаќият ба даст меовард. - Мактуби шумо ба президенти Тољикистон аст. Шумо бовар доштед, ё шояд гумон мекардед, ки Эмомалї Рањмон воќеан ин мактуби шуморо мехонад ва ба хулосае меояд? - Шахсияти Эмомалї Рањмон барои аз кўдак то пиронсоли тољик имрўз шахсияти воломаќоми кишвар аст, вай шахсияте аст, ки ба иќрори аксари ќишрњои љомеа болотар аз президенти кишвар аст. Болотар аз шахсест, ки метавонад баъди чанд сол аз сари ќудрат равад. Ваќте мо бо ин шакл мурољиат кардем, ростї, ман умед доштам, ки баъди ин мактуб худи президент маро даъват мекунад. Аз ман мепурсад, ки чаро рози њастї, ки ба љои Зайд Саидов ба зиндон равї. - Шояд њоло њам дер нашудааст... Фикр мекунед, президент ба ќазияи Зайд Саидов дахолат мекунаду ў озод мешавад? - Бале эътимод дорам, чунки дар мактуб љое зикр шудааст, ки чандин боре, ки авфи умум содир карданд, садњо нафареро, ки ба миллат бисёр хиёнатњо карданд, онњоро бахшиданд.

«

Ин чиз барои мо эътимодбахш буд, ки аз дасти ин шахсияти бузург ин кор меояд. - Дар худ ягон њарос њис мекунед, ки маќомотњои ќудратї метавонанд нисбати шумо боз ягон айби дигар бор кунанд? Чї натиља медињад њамин суњбатњо бо расонањо ва чаро дигарон хомўшанд дар баробари шумо? Чаро ба матбуот бо ин чиз мурољиат кардед? - Бархурди маќомот бароям рўшан нест, чун оянда паси парда аст, торик аст. Ман њоло чизе гуфта наметавонам. Зинда бошем, хоњем дид. - Шумо гуфтед, ки умед доштед, президент шуморо шахан ќабул хоњад кард. Агар њоло рўбарўи шумо президент Эмомалї Рањмон њузур дошта бошад, шумо чї мегуфтед? - Алњол ки пеши президент ќарор надорам, он суханеро, ки дар назди ў мегўям, инљо намегўям (механдад). Он чизе, ки мехостам дар мактуб гуфтаам. Худи президент дар чандин вохўрї бо мардум таъкид мекунанд, ки љавонон ояндаи миллат њастанд. Пас ман њамчун як љавон ва њамчун як фарде, ки худро аз ояндагони ин миллат мењисобам, њамчун як љавони даврони истиќлолият гуфтанї будам, ки мо низ аз таљрибаи талхи гузаштагонамон хуб ибрат гирифтаем. Ба љои нисбати њамдигар бадбинї доштану касеро ба хотири њизб аст, ё ба хотири маќому мансабаш, ё назари дигар доштанаш душман тарошидан, њамон нерўеро, ки ба муќобили њамдигар истифода мекунем, бењтар мебуд ба хизмати њамдигар истифода кунем. Ман боварї дорам, ки як фарде аз фардњои кишвар аз мо боло рафт, мо чунин миллате њастем, ки зинаи поёнро дасташро мегирем, то ин ки ў боло биояд. Суњбати Фаридун РАЊНАВАРД

Роњбари мувафаќтарин соњибкорони Тољиистон буданд. Бењтарин биноњои кишвар, хусусан дар ќаламрави шањри Душанбе, ваќте сохта мешуданд, ба Зайд Саидов бовар карда мешуданд. Барои одамоне, ки ба матбуот майл доранд, бо шахсияти Зайд шинос шудан мушкил надорад. Ваќте мо ин ќадар хубињои Зайд Саидовро мебинем, мусаллам аст, ки мо аз њамин дарича бањо додем ба шахсияти Зайд Саидов.

«


8

ТАЊЛИЛ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

Модари њаќиќатљў нафаќагири мубориз Њукумати феълии Тољикистонро ќарздор медонад ва талаби 147 миллиону 338 њазору 436 сомонї нафаќаашро дорад. Ў мегўяд, барои он ба "Нигоњ" омадааст, ки президент Эмомалї Рањмонро аз ќазияи нафаќадуздон огоњ кунаду мансабдорон нафаќаи дуздиро баргардонанд. -Агар њаќќи њалоламро надињанд, маљбурам ба Суди аврупої оид ба њуќуќи инсон мурољиат кунам. Пеш аз ин кор, бояд як бор аз пеши президент гузарам ...-мегўяд Њафиза Бобомуродоваи 80сола.

9 соли талош барои нафаќа Ў 9 сол боз аз паи њаќиќату адолат медавад, вале то њол ин паррандаи нодирро дар Тољикистон ба чанг оварда наметавонад. Борхалтаи Модар аз санаду коѓазњои муњру имзодори мансабдорони давлатї - Мамадшо Илолов, Шукурљон Зуњуров, Мањмадамин Мањмадаминов, Нусратулло Абдуллоев ва дигарон пур аст, вале миёнашро лањзае хам накардааст. Њафиза Бобомуродова бо як тамкини хос ба мутахассиси даврони шуравї ва инсони наљобатдор ин аснодро як - як ба ањли эљоди "Нигоњ" нишон дода, оиди њар ибораю љумлаи он муфассал сухан мегўяд, далел пеш меорад. Мантиќи мутахассиси калони ваќти Кумитаи агросаноатии Тољикистон оњанин аст. Ў бо пешнињоди аснод даъво дорад, ки мансабдорони алоњидаи давлатї нафаќаи ўро дуздидаанд ва њарчанд прокуратураву марњилањои гуногуни судї инро исбот кардаанд, бюрократњои њукумати феълї ва судяњои бемасъулияту тобеъи бардошту мавзеъгирињои барѓалат нафаќаи дуздидашударо баргардониданї нестанд.

њисоби дурусти нафаќаам ариза дода, хоњиш намудам, ки нафаќапулии маро аз њисоби дурусти маоши љои охирини корам дињанд, яъне аз њисоби музди мењнати соли 1991 аз нав дида бароянд. Кор то сатњи вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї Шукурљон Зуњуров расид. Аз Вазорат љавоби расмї омад, ки шумо кайњо нафаќаатонро гирифтаеду фарќияти нафаќатон 31 сомониву 40 дирам мебошад. Бо ин њисоби барѓалат ризо нашуда, муборизаро давом додам. Дар натиља фањмидам, ки нафаќаамро ду-се бевиљдон дар давраи вазирии Шукурљон Зуњуров дуздида будаанд.

Маоши 380 - сума ва нафаќаи советї

Нафаќаи маро кї хўрд?

- Ман оиладор ва соњиби се фарзанд буда, то ба нафаќа баромаданам дар Кумитаи агросаноатии ЉТ ба њайси сармутахассис кор мекардам. Соли 1989 бо сабаби расидани синни нафаќа њуљљатњои маро барои ба нафаќа баромадан пешнињод карданд. Он ваќт масъулини корхонањо ин корро худашон иљро мекарданд. Аммо то моњи марти соли 1991 фаъолияти мењнатии худро давом додам. Он ваќт 380 рубли советї маош мегирифтаму љамъи даромадњоям 545 сўми советиро ташкил медод, - мегўяд Њафиза Бобомуродова ва идома медињад, - Њаминро ба инобат гирифта, ба ман нафаќаи болотарин - 120 сомонї ва 12 рубл барои стажи кори бардавом, љамъ 132 рубли советї нафаќа таъин карданду зиндагии шоистаи инсониро доштам. То соли 1996 дар ягон љой кор накардам. Солњои 1997 - 98 ба Автоколонаи 2729-и Душанбе ба њайси сармутахассис ба кор даромадам. Баъди даргирињои дохиливу њукмронии оромиву суббот дар кишвар соли 2004 фармони Президенти Тољикистон содир шуд, ки тибќи он нафаќа бояд аз рўи маоши охирон, масалан, барои ман, аз моњи марти соли 1991, яъне аз рўи 380 рубли советї њисоб карда шавад. Ман, ки бесавод нестаму њуќуќњоямро медонам, январи соли 2005 ба идораи њифзи иљтимоии ноњияи Фирдавсї оиди

Њуљљатњоямро дар бойгониву вазоратњо ёфта, маълум кардам, ки гўё ман аз 29-уми март то 30-юми ноябри соли 1991 ба маблаѓи 1166 рубли СССР ва аз моњи

«

Ин бедодгариро дида, барои бори дуюм, санаи 16-уми июни соли 2012 ба Мањмадсаид Убайдуллоев мурољиат кардам. Дар ќабули шахсии раиси Маљлиси миллї њаловат бурдам. Тарзи кори ў чунон ба дилам маъќул шуд, ки мафтун шудам. Аммо бархилофи талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи мурољиати шањрвандон" Раиси Суди шањри Душанбе Њ. Шарофов ва Прокурори шањри Душанбе С. одиров ба ќазияи ман расидагї накарданд, аз кулўх садо шуд, ки аз ин ду нафар не.

«

ноябри 1991 то 31-уми декабри соли 1993-юм 202 рубли русї нафаќа гирифта бошам. Ман умуман ин пулњоро нагирифтаам. Њаромхўрони ин нињод Искандарова ва Волкова ном одамон аз маќомашон сўистифода бурда, бо роњи сохтакорї аз номи ман аризаи бозњисобкунї ё "перерасчет"-и нафаќа навиштаанду дусола нафаќа ва "пересчет"-ро хўрдаанд. Инљо ногуфта намонад, ки аз рўи њамон сохтакорињо њоло њам пули нафаќаи маро хўрда истодаанд. Инро маълум намуда, ба Прокуратураи ноњияи Фирдавсї аризаи шикоятї навиштам. Прокуратура тафтишот бурду њаќиќатро маълум намуд. Хулосаи ташхиси хатшиносї исбот кард, ки ба љои ман дигарон имзо карда, фарќияти нафаќаи маро гирифтаанд. Бекаллањо љазо мегиранд, гуфта будам, ки муфаттиши прокуратура Хисрав Гураев ќарор баровард: "Нисбати шахсони номаълум бинобар гузаштани муњлати ба љавобгарии љиноятї кашидан ва нисбати Бобомурода Њ., бинобар дар кирдорњояш маљуд набудани аломатњои таркиби љиноят оѓози парвандаи љиноятї рад карда шавад". Бо ин ќарор шинос шуда, гиребон гирифтаму тавба кардам, ки инњо аз болои худам делои љиноятї накушодаанд, вагарна назди 3 фарзанду 8 набераю 6 абера шарманда њам мешудам. Ин ќарор комилан ѓайриќонунї буда, ба он равона шудааст, ки ба ман фарќияти нафаќаро надињанд. Магар мешавад, ки ба Идораи њифзи иљтимоии ноњияи Фирдавсї "шахсони номаълум" даромада, њуљљатњоро сохтакорї карда, нафаќаи як одамро бигиранд?! Кош, ин афсонаи бузаки љингилапоро муфаттишу прокурор барои модарони худашон мехонанд... Баъдтар дар мурофиањои судї њам ин љиноятњо исботи худро ёфтанд, вале маблаѓи нафаќаи дуздидашударо ба ман бознагардонд.

Суди бедодгар Хуллас, аз 24-уми апрели соли 2007 ман тамоми марњилањои судиро пушти сар карда, адолати судиро наёфтам. Дар њама мурофиањо сохтакорињо исбот мешуданд, вале њич судя иродаи бозпас

гардонидани нафаќаи пардохтнашударо намекард. Чун масъала ба ин роњ њал нашуд, 4-уми декабри соли 2010 ба Раиси Маљлиси Милли Маљлиси Олии ЉТ Мањмадсаид Убайдуллоев мурољиат кардам. Танњо баъди њамин, даќиќтараш 28уми феврали соли 2010 аз номи Суди Олии ЉТ мактуб омад, ки мурољиати ман баррасї шуда, "бинобар сабаби он ки, ки санади судї аз рўи парвандаи мазкур бо ба таври љиддї вайрон намудани меъёрњои њуќуќи моддї ва мурофиавї ќабул карда шудаанд, ба Раёсати Суди Олии ЉТ барои аз нав дида баромадани санади судї бо тартиби назоратї эътироз ирсол гардидааст. Шикояти Бобомуродова Њ. ќонеъ карда шудааст". Њамин тариќ, Раиси Суди олї Нусратулло Абдуллоев эътироз пеш оварду Раёсати Суди олии ЉТ аз 20-уми майи соли 2012 ќарори Суди марњилаи назоратї баровард, ки тибќи он парванда бояд ба баррасии нави судї фиристода шаваду судяи дигар онро моњиятан њаллу фасл кунад. Парванда, ки ба Суди ноњияи Фирдавсї баргашт, 8 моњу 10 рўз (!!!) Аслиддин Сафоев ном судя онро "баррасї" кард. Шояд ин судяи борањм умед дошт, ки ман аз дунё мегузарам?! Ба ў модарона як чиз гуфтам: "Агар одамкушї мешуд, парванда ин ќадар давом намекард, бачем…". Судя Сафоев боз як њалномаи ѓайриќонунї баровард, ки тибќи он ба ман Шуъбаи њифзи иљтимоии ањолии Маќомоти иљрояи њокимияти давлатии нохияи Фирдавсии шањри Душанбе бояд 1000 (њазор) сомонї зарари маънавї дињад, вале бархилофи ќонун зарари моддии ба ман расонидашударо њисоб накарду онро нарўёнид. Баъди ин Коллегияи судї оид ба корњои граждании Суди шањри Душанбе, ки суди марњилаи кассатсионї ба њисоб меравад, бо иштироки маърўзачї Ш. Азизов шикояти маро баррасї карда, њалномаи судя Сафоевро бетаѓйир гузошт. Раёсати Суди шањри Душанбе њам дидаву дониста, ба ин ќонуншиканињо чашм пўшид. Ин бедодгариро дида, барои бори дуюм, санаи 16-уми июни соли 2012 ба Мањмадсаид Убайдуллоев мурољиат кар-


ЌАЊРАМОНИ ДАВРОНИ МО

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

9

НАФАЌАДУЗДЇ дам. Дар ќабули шахсии раиси Маљлиси миллї њаловат бурдам. Тарзи кори ў чунон ба дилам маъќул шуд, ки мафтун шудам. Аммо бархилофи талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи мурољиати шањрвандон" Раиси Суди шањри Душанбе Њ. Шарофов ва Прокурори шањри Душанбе С. одиров ба ќазияи ман расидагї накарданд, аз кулўх садо шуд, ки аз ин ду нафар не. Назди Шарофов рафтам, то нусхаи номаи ба Убайдуллоев навиштаашро ба ман њам нишон дињад, ки розї нашуд. Роњбари Шуъбаи умумии шањрдории Душанбе Ш. Нурридинов ба ман гуфт, ки "делои шумо мањкам шуду дигар шуморо ќабул намекунанд". Кўтањи гап, роњбарияти Суди Олї њуќуќњои маро поймол карда, њатто сари ваќт љавоби расмї надод. Баъд чанд ваќт, худам ба Суди олї рафта, љавоби мурољиатамро гирифтам. Онро хондаму њуш аз сарам парид. Чї мегўед, ки судяи Суди Олии ЉТ Ш. Азимов ном зоти шариф аз Сарќонун, Раёсати Суди Оливу раиси Суди Олї Нусратулло Абдуллоев њам зўртар будааст. Ин одамро зоти шариф гуфтанам њикмат дорад: Забони давлатиро донистани ин судя бояд санљида шавад. Агар давлат соњиб дошта бошад, албатта. Хуллас, судя Азимов Ш. Ш. дар таърихи 10-уми ноябри соли 2012 Ќарори Суди марњилаи назоратї бо имзои Раиси Суди Олї Н. Абдуллоевро аз 20 майи соли 2011 як кори ношуд њисобида, таъиноти судї баровард, ки "ирсоли парвандаи гражданї бо даъвои ман "барои моњиятан баррасї намудан дар суди марњилаи назоратї рад карда шавад". Њол он ки Раиси Судї Олї дар номаи љавобияш ба Раиси Маљлиси миллии МО ЉТ баъд аз шикоят овардану ќабули шахсии ў навишта буд: "бинобар сабаби он ки, ки санади судї аз рўи парвандаи мазкур бо ба таври љиддї вайрон намудани меъёрњои њуќуќи моддї ва мурофиавї ќабул карда шудаанд, ба Раёсати Суди Олии ЉТ барои аз нав дида баромадани санади судї бо тартиби назоратї эътироз ирсол гардидааст. Шикояти Бобомуродова Њ. ќонеъ карда шудааст". О, ин бемасъулитї ва беќонунї то ба кай?! Агар суд суд бошад, пас ошкор кунад, ки нафаќаи маро кї хўрд? Ин чї суд аст, ки наметавонад оддитарин масъалаи як нафаќахўрро њал кунад? Норозигии худро ба шўъбаи њифзи иљтимоии ноњияи Фирдавсї ва шахсан ба Вазири мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї Мањмадамин Мањмадаминов баён намудам, вале ў њам "пушти ману табари ќассоб" гуфта бепарво гаштааст! О, муайянкунандаву иљрокунандаи сиёсати давлатии њифзи иљтимоии ањолї,

ки бошиву мани нафаќахўр як тан аз њамин "ањолї", нафаќаи дуздидашудаи маро рўёнида дињед! Ё њиљ набошад, адвокат киро карда, дар суд дар барам истед! Мањмадамин Мањмадаминов њам, ки ба додам нарасид, бо аризаи шикоятї назди Зариф Ализода, ваколатдор оид ба њуќуќњои инсони Тољикистон рафтам ва аз ин зоеъ рафтани ваќт хеле афсўс хўрдам, зеро фаќат номи ин идора "њуќуќи инсон" будаасту, дар амал гапњои умумї. Хуллас, "мазори бешафоат" будааст ин нињоду роњбараш! Њамин тариќ, аз зинањои поёнї сар карда, то идорањои бонуфузи давлатї Прокуратураи генералї, Суди Олї, Шўрои адлия, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати адлия, Агентии мубориза бар зидди коррупсия, Лигаи занони њуќуќшинос, Коллегияи адвокатњои мустаќил, нашрияњои "Ќонун ва љомеа", "Садои мардум", "Љумњурият", "Азия-плюс" ва "Фараж" арзу доди худро пешнињод кардам, вале ба ягон натиља нарасидам.

7 сомонї-"њиммат" -Шумо дар ин 9 соли мубориза бо бюрократияи тољик ба ягон натиљаи мустаќим ё ѓайримустаќим расидед? - мепурсем аз Њафиза Бобомуродова. - Алњол њељ чиз. Фаќат нафаќаамро ба андозаи 7 - сомонї боло бардоштанд. Он њам баъди мурољиат ба прокурори генералї Бобољон Бобохонов ва президент Эмомалї Рањмон. Соли 2007 буд, ба љои 67 сомонї 74 сомонї "прерасчет" карданд. Ин "њиммат"-ро њам чанд бор судяњо зимни муоширати ѓайрирасмї гушрас мекунанд. Дар ин муддат њангоми ба суд рафтан аз автобус афтода, сутунмуњраамро маъюб кардам, аммо як пора њам аз њуќуќњоямро зери пой кардан намемонам.

Њисоби 209 миллиона Њафиза Бобомуродова нафаќаи нагирифтаашро 209 миллион сомонї њисоб кардааст. Сармутахассиси 80-сола арифметика ва ќонунро хуб медонад ва талаби ў фантастикї нест, балки њисоби дурусту мантиќї мебошад. Њоло ў 150 сомонї нафаќа мегирад, вале бояд бо назардошти нафаќаи пардохтнашуда, ки натиљаи сохтакории маќомот аст, бояд њадди аќќал 520 сомонї нафаќа гирад. Ў нафаќаи худро чунин њисобу китоб мекунад: "Аз апрели соли 1991 то декабри 2012, яъне барои 269 моњ (!) ба ман бояд фарќияти нафаќаамро, тибќи Фармони Президенти ЉТ аз 4-уми ноябри соли 2004 дињанд. Ин талаби моддаи 100-и

ќонун "Дар бораи нафаќа" аст. Фарќияти нафаќаи ман, яъне фарќи байни маоши солонаи соли 1989 ва маоши солонаи 1991-ум 142 рубли советиро ташкил медињад. 142 рубли советї х 269 моњ= 38 њазору 198 рубли советї. Аз рўи маълумотномаи Бонки Миллии Тољикистон (03а-4/122 аз 21-уми феврали соли 2008) ќурби расмии мубодилавии 1000 рубли советии барориши соли 1961 дар соли 1989 ба 5 њазору 471

«

О, ин бемасъулитї ва беќонунї то ба кай?! Агар суд суд бошад, пас ошкор кунад, ки нафаќаи маро кї хўрд? Ин чї суд аст, ки наметавонад оддитарин масъалаи як нафаќахўрро њал кунад? Норозигии худро ба шўъбаи њифзи иљтимоии ноњияи Фирдавсї ва шахсан ба Вазири мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї Мањмадамин Мањмадаминов баён намудам, вале ў њам "пушти ману табари ќассоб" гуфта бепарво гаштааст!

«

сомониву 57 дирам баробар мебошад. Њамин тариќ: 38 њазору 198 рубли советї х 5471.57= 209 миллиону 3 њазор сомониву 30 дирам. Яъне, Њукумати Тољикистон аз ман 209 миллион нафаќапулї ќарздор мебошад! Агар Идораи њифзи иљтимои ноњияи Фирдавсї, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, судњои Тољикистон ба

Бонки миллии Тољикистон бовар надошта бошанд ва маро дар пош додани СССР гунањкор нашуморанд, бигзор худашон иќтисоддон кироя карда, аудити мустаќил ташкил намуда, маблаѓи фарќияти нафаќаи маро њисобу китоб кунанд. Барои ман, маблаѓ ва тарзи њисоби фарќияти нафаќа муњим нест, барои ман муњим аст, ки Фармони Президент иљро шаваду њаќќи њалоламро дињанд. Ин масъала барои ман принсипиалї аст. Њамин аст, мухтасари нафаќагирии ман, ки Роњбари давлат онро бояд донад ва њамчун кафили њуќуќњои ман аз талошу муборизањоям дастгирї кунад. Як бор аз пеши он кас њам гузарам, ки масъала њал нашуд, маљбурам ба Суди аврупої оид ба њуќуќи инсон аз болои давлати Тољикистон мурољиат кунам".

Нафаќа надодан шармандагист! Давлати Тољикистон, бино бар Сарќонуни он, давлати иљтимої аст. Беш аз 40 дарсади харољоти буљаи њозираи мамлакат характери иљтимої дорад, яъне Њукумати феълии Тољикистон њукумати моил ба њифзу дастгирии иљтимоии ањолї мебошад. Беш аз 99 дарсади арзишњои моддиву пулии дар њудуди Тољикистон љойдошта бо дастони насли нафаќагирони имрўза офарида шудаанд ва њаќќи њалоли онњоянд. Дар пањнои Шуравї теъдоди камтарини нафаќагирон ба сари њазор нафар ањолї ба Тољикистон рост меояду пасттарин нафаќа њам моли кишвари мост. Њарчанд суд тибќи Сарќонун шохаи мустаќили њокимият аст, аммо де-факто тобеъи њокимияти иљроия мебошад. Дар чунин вазъ, нафаќапулї ва фарќияти онро, ки пардохт карданашро Фармони Президенти Тољикистон ба низом даровардааст, ба нафаќагирон надодан шармандагист! Новобаста аз он, ки ин кор ба дасти кї амалї мешавад: судя, ё бюрократ. Ќиёми НУР

P.S. Ањли эљоди нашрия аз роњбарони шуъбаи њифзи иљтимоии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон, Суди Олии Тољикистон эњтиромона хоњиш мекунем, ки ба ќазияи Модар ва Шањрванд ва замоне мисли шумо - корманди давлатї расидагї намоед. Зеро ин масъаларо на Президент, на Сарвазир, на СММ, балки худи Шумо бояд бо таќозои салоњиятњои хизматї дар доираи ќонун њаллу фасл намоед. "Нигоњ" дар навбати худ ин ќазияро тањти пўшиши журналистї ва њуќуќї ќарор хоњад дод.

САДОИ МАРДУМ

МУНОСИБАТИ ШУМО БА БОЗДОШТИ МУХОЛИФИНИ ЊУКУМАТ ЧЇ ГУНА АСТ?

2%

Мухолифинро намешиносам. Киро дар назар доред?

4%

Барои ман фарќ надорад

Бояд боздошт шаванд

8%

Сабаби беобрўии њукумат ва тарѓиби мухолифин мешавад

4%

Ба зарари њукумат аст

Ин ќонуншиканї аст

37%

Онњо ба диќќати њукумат арзанда нестанд

43%

Натиљаи пурсиш муайян кард, ки 43 дарсад (308 нафар) - и райъдињандагон боздошти мухолифини њукумат аз љониби маќомотњои дахлдорро сабаби беобрўии њукумат ва тарѓиби мухолифин унвон кардаанд.

4%

Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони "Муносибати шумо ба кўшишњои боздошти мухолифини њукумат чї гуна аст?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 37 дарсад (266 нафар) гузинаи "Онњо ба диќќати њукумат арзанда нестанд" - ро интихоб кардаанд. Дар њамин њол, 8 дарсад (58 нафар) бошад, гузинаи "Ба зарари њукумат"-ро пахш кардаанд. 4 (26 нафар) дарсад аз ширкаткунандагони ин пурсиш варианти "Ин ќонуншиканї аст"-ро интихоб кардаанд, аммо 4 дарсад (26 нафар) ширкаткунандагон ин амали маќомотњои дахлдоро дуруст шумурда, варианти "Бояд боздошт шаванд" -ро

авло донистаанд, вале 4 дарсади дигар (26 нафар) то имрўз кї будани мухолифони њукуматро дарк накардаанд ва варианти "Мухолифинро намешиносам. Киро дар назар доред?"-ро пахш намудаанд. Дар назарсанљии мазкур 2 дарсад (12 нафар) тугмачаи "Барои ман фарќ надорад"-ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд, ки дар он 722 нафар иштирок кардааст.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

ДАЪВАТ БА БАЊС

ТАЊЛИЛГАРОНИ КАЛТАКБАДАСТ, ё сафсатагўї дар сиёсат? (Љавоб ба маводњои "Нигоњ" аз 6. 08. 2013 с., №20 (348) "Номзади ягона" ва "Бисёрњизбї ва фиреби бузург?") Сараввал ба камоли эњтиром арз менамоям, ки мо њамагон - хонандагон дар замони соњибистиќлоли аз паёмадњои демократї ва фаъолияти озоди ВАО, бахусус рўзномаи "Нигоњ" дар демократикунонии љомеаи имрўза изњори ќаноатмандї баён менамоем. Њар як шумораи онро мутолиа менамоем, чунки бисёр масъалањои мубрами љомеа дар асоси гуногунандешї рўи чоп меоянд. Њамин тавр, матлабњои "Номзади ягона" ва "Бисёрњизбї ва фиреби бузург?" - ро гирифта мутолиа намудам. Дар маводи тањлилии "Номзади ягона" маълум нест, ки муаллифаш, ки бошад, аз оѓоз бо суханони бофтаю кинояомез андешањояшро њамчун "тањлилгари сиёсї" рўи ќоѓаз чунин овардааст. "Номзади ягона акнун миф нест. Дар интихоботи президентии соли 2006 ин њарф на фаќат миф, балки як андешаи берун аз аќли содда бигўем, беаќлие беш наметофт". Шумо "тањлилгари" бе тањлил, ки пас аз гузашти ќариб 7 соли маъракаи интихоботї, ки шояд иштирок накарда будед, ба њамин хулоса омада бошед, гуноњи онњое, ки дар ин интихобот бо пешнињоди њизбњои сиёсиашон иштирок намуданд, дар чист? Оё Шумо дарк менамоед, ки дар замони соњибистиќлолї, ки ќариб нисфи он бо кашмакашињо, гурўњбозињо, вовчику юрчикбозињо гузашта буд, ташкил намудани љомеаи демократию њуќуќбунёд, ки орзую њавасњои Шумо баринњо низ буд ва фаъолият намудани њизбњои сиёсию љомеаи шањрвандї кори осон буд? Тибќи Конститутсия (Сарќонун) - и Љумњурии Тољикистон ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон" ва "Дар бораи њизбњои сиёсї" ќариб, ки бори аввал, хато намекунам, њатто бори аввал дар тамоми давраи давлатдории тољикон интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бо тариќи алтернативї доир гардид. Бори аввал дар Тољикистон фазои њуќуќї омода сохта шуд, ки шањрвандон - интихобкунандагон аз њуќуќњои худ истифода бурда, ба воситаи њизбњои сиёсї вориди маъракаи интихоботї гардиданд. Албатта, ин оѓози љомеаи демократї, дунявї ва њуќуќбунёд мебошад, ки онро Тољикистон пешаи худ кардааст. Ин роњро љомеаи пешрафтаи љањони муосир низ исбот намуда истодааст. Роњи тайкардаи кишварњои тараќќикардаи дунё дар демократикунонии љомеа низ хеле мушкил ва печида буд, ки аз он њамагон огоњанд. Њар нафаре, ки дар интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон соли 2006 бо барномањои муккамали њизби худ иштирок намуд, маќсаду мароми њизби худро ба интихобкунандагон муарифї менамуд. Албатта, ин кори нав дар давлатдорї ва љомеасозии мардуми мо буд, аз мушкилињо, камбудињо ва норасогињо дар канор набуд. Чунки њам њизбњои сиёсї ва њам мардуми шарифи Тољикистон, бахусус зиёиёни мо бори аввал дар интихоботи воќеии президентї иштирок менамуданд. Хуллас, дар њар як маъракаи интихоботї довари асосї интихобкунандагон, раъйи мардум мебошад ва дар ин интихобот онњо овози худро ба яке аз номзадњо - Президенти амалкунандаи Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон доданд. Ба андешаи Шумо оё бааќлї мебуд, ки мо раъияти халќи Тољикистонро дар интихоботи президентии соли 2006 эътироф намекардем? Магар њамин аст "боаќлии Шумо", ки даъвои љомеаи демократиро мекунед? Дар љомеаи демократї бояд маърифати баланди сиёсии шањрвадон - интихобкунандагон, њизбу њаракатњои мардумї баланд бардошта шаванд, ки дар амалї намудани он мо њамагон, бахусус ВАО ва тањлилгарони сиёсї масъулем. Шумо "тањлилгарон" пешнињод менамо-

ед, ки неруњои мухолифини Њукумати Љумњурии Тољикистон он замон андешаи онро мекарданд, ки бояд як нафарро пешнињод мекардед ва лоаќал он нафар ба интихоботи президентии соли 2013 "тармим" мекард. Агар муаллифи ин пешнињодњо ному насабашро дар ин мавод нишон медод шояд мо ба он нафар суњбату мулоќотњо доир менамудем ва аз донишу таљрибаш огоњи меёфтем. Ман намедонам, ки ин "тањлилгар" бо кадом аќл, далел ва таљриба пешнињод менамояд, ки бояд њизбњо дар муќобили Њукумати Љумњурии Тољикистон бо номзади ягона вориди интихобот шаванд. Бо ин андешарониатон хонандагон ва ањли љомеаро ба иштибоњ андохтаниед, ки инро гумроњсозии мардум меноманд. Оё Шумо намедонед, ки њар як њизби сиёсї Оиннома ва Барномаи амали худро доранд ва онњо бо ин барномањо, ки аз љониби анљуманњои њизбњо тасдиќ карда мешаванд, вориди интихоботњо мегарданд. Магар Њизби Коммунистии Тољикистон метавонад бо дигар њизбњо бахусус Њизби нањзати Исломии Тољикистон, Њизби Сотсиал-демократии Тољикистон ва ё Њизби Демократии Тољикистон ба як номзади ягона вориди интихоботњо гардад? Албатта, не! Чунин пешнињодхо аз љониби њизбњои номбурда якчанд маротиба ба мо пешнињод гардид, лекин бинобар сабаби мухталиф будани маќсаду маромњои њизби мо роњбарияти Њизби Коммунистии Тољикистон дар мувофиќа бо аъзоёни њизб ин таклифњоро рад намуд. Њизби мо дар асоси барномаи илман асоснок кардашуда бо истифода аз таљрибаи њаракати байналмиллалии коммунистї - коргарї бо ѓояњои Марксизм - Ленинзм содиќона дар њаёти љамъиятї - сиёсї иштирок намуда, дар оянда низ шарафмандона фаъолият хоњад кард. Ояндаи љањони муосир ин љомеаи иљтимої (сотсиалистї) мебошад, ки он рўз дер нест, ки башарият ба он хоњад расид. Њарзагўї ва дурўѓгўии Шумо то њадде расид, ки гўё номзадњо дар вохўрию мулоќотњояшон бо интихобкунандагон тарѓиби раќиби аслии худ Эмомали Рањмонро мекарданд. Дурўѓгўї њам бояд њадду канор ва ё ягон далели харобак дошта бошад. Оё аќаллан ягон далел аз баромадњо ва ё муллоќотњои ман бо интихобкунандагон мисол оварда метавонед? Наметавонед, чунки дар ягон вохўрии мо иштирок надоштед. Дар њаќиќат дар солњои аввали соњибистиќлолии Тољикистон Њизби Коммунисти Тољикистон номзадии Э. Рањмонро чї дар Иљлосияи 16 -уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва интихоботи Президентии Љумњурии Тољикистон дар њама сатњ аз поён то боло љонибдорї ва дастгирї намуда буд ва мардумро ба он ташвиќу тарѓиб мекард. Чунки манфиатњои якпорчагии Тољикистони азиз, вањдати миллї, таъмини сулњу суббот ва волияти ќонун аз манфиатњои њизби боло меистод. Пас аз солњои 2000-ум, ки оромї, сулњу суббот ва волияти ќонун дар љомеа таъмин гардид, бо њамаи њизбњои сиёсї имконият пайдо шуд, ки шањрвандони Тољикистон аз њуќуќњои конститутсионии худ истифода бурда, ба воситаи њизбњои сиёсї дар интихоботњои парламентї ва президентї иштирок намоянд. Аз ин лињоз, бе ягон шарту маслињатњои пешакї бо ЊЉТ дигар њизбњо, ЊКТ бо номзади худ дар интихоботи Президентии Љумњурии Тољикистон соли 2006 иштирок намуд. Хуб мебуд, ки минбаъд ба љои "фолбинї" ба тањлили амиќи њолати воќеї бо далелњои аниќ андешаронї мекардед, њам бо Шумо ва њам ба љомеа манфиат меовард. Ба њамин монанд дар њамин рўзнома дигар "тањлилгари калтакбадаст" Фаридуни Рањнавард мавзўеро пайгирї ва мавриди тањлил ќарор додааст. Шояд аз камтаљрибагиаш бо-

шад, ки масъалаи бисёрњизбиро дар љомеа аз нигоњи худ ба таври воќебинона нею, ба таври ѓаразнок тањлил намуда, андешањояшро ба хонандагон пешкаш намудааст. Ба њар њол, онро ба худи муаллиф ва фањмиши сиёсиаш њавола менамоям. Ба њељ касе пўшида нест, ки бисёрњизбї дар љомеи демократї падидае мебошад, ки башарият, бахусус давлатњои тараќикардаи дунё дар тўли њазорсолањо пас аз пушти сар кардани муноќишањо ва муборизањои шадид барои ба даст овардани њокимияти сиёсї ба он расидаанд. Ва Шумо низ демократмаобњо низ бисёр орзуи онро доштед ва натиљаи онро дида истодаед. Имрўз дар љањони муосир ба ѓайр аз бисёрњизбї барои ба даст овардани ќудрати сиёсї бо роњи осоишта ва амалї намудани орзую ормонњои аъзоёни љомеа дигар роње вуљуд надорад. Барои њамин њам, бисёрњизбї мањсули таффакури башарият дар роњи бунёди љомеаи демократї мебошад. Бо ин роњ тамоми давлатњои тарраќќикардаи дунё пеш рафта истодаанд, ки њољат ба далел овардан нест. Инро фаќат шахсе дида наметавонад, ки ё кўр аст ва ё аќли солим надорад. Албатта, ба бисёрњизбї расидан корест хеле мушкил ва мураккаб. Кишвари мо ба љомеаи бисёрњизбї баъди соњибистиќлолї, аслан пас аз солњои 2000 бо ќабули Конститутсия (Сарќонун) - и Љумњурии Тољикистон ва ќабули як ќатор ќонунњои вобаста ба демократикунонии љомеа ворид гардид. Бисёрњизбї дар Тољикистон, ки ќадамњои нахустин гузошта истодааст, бояд њаматарафа аз љониби шахсиятњои донишманд, сиёсатмадорон, љомеашиносон ва тањлилгарони ботаљриба воќебинона ва беѓаразона тањлил карда шаванд. Ба ин кори нињоят њасос, нозуку мушкил нашояд њар сабукфикру камтаљриба даст занад. Чунки гуфтаанд: "Кори њар буз хирманкўбї нест". Фаридуни Рањнавард, ки номи хеле зебо доред, фаъолияти њизбњоро, бахусус Њизби Коммунисти Тољикистонро бе ягон далели илман асоснокшуда ва аниќ "тањлил " намуда аз рўи фањмиши худ сафсатагўї карда истодаед. Мегўед, ки "Ман шахсан ба ин ки дар Тољикистон 55 њазор нафар андешањои атеистї дошта бошанду то Худоро дар кабинеташ набинанд, ба мављудияташ бовар нахоњанд кард, шояд бовар карда тавонам. Аммо бо ин ки ѓайр аз Шодї Шабдолов ва Исмоил Талбаков ягон коммунисти дигарро дар Тољикистон 55 нафар мешиносанд, њиљ бовар намекунам. Шояд бошанд касоне, ки ба ин бовар кунанд. Ман не." Барои фаъолияти Њизби Коммунистии Тољикистонро тањлилу рўи коѓаз овардан бояд пеш аз њама Шумо аз фаъолияти он огоњї медоштед. Пеш аз њама аз камтаљрибагии Шумо таассуф мехўрам ва ё дидаю дониста ѓаразона чунин андешаронї мекунед. Оё Шумо намедонед, ки Оиннома ва Барномаи Њизби Коммунистии Тољикистон аз кадом меъёрњо, талаботњо ва самтњо иборат мебошад? "Њизби Коммунистии Тољикистон созмони мустаќили сиёсї буда, дар ќаламрави Тољикистон амал мекунад ва дар сафњои худ коргарону дењќонон, зиёиён ва табаќањои дигар зањматкашонро аз шањрвандони Тољикистон, ки дар мавќеи озодї, баробарї, роњи сотсиалистї ва аќидањои коммунистї ќарор доранд, ихтиёран муттањид менамоянд. Њизби Коммунистии Тољикистон суннатњои бењтарини миллї, таърихї ва фарњангиро дастгирї ва инкишоф дода, њар гуна зуњуроти мањалгарої, миллатчигї, шовинистї, таасуби динї ва ифротгароии сиёсиро ќатъиян мањкум карда, барои ба даст овардани ризоияти шањрвандї, сулњ ва тараќќї дар љумњурї саъй ва талош мнеамояд.

Њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки 18 сола шудааст, Барнома ва Оиномаи њизбро эътироф ва дар яке аз созмонњои ибтидоии њизб кор мекунад, ќарорњои маќомоти њизбиро иљро менамояд ва њаќулузвият мепардозад, ќатъи назар аз баромади иљтимої, миллат ва дину мањзаб, метавонад узви њизб шавад". Беаќлї ва ё беодобї гўям, забонам намегардад, барои ин андешаронии Шумо, ки гўё коммунистон то Худоро дар кабинеташон набинанд, бовар намекунанд. Ин тањќир аст нисбати беш аз 45,0 њазор аъзоёни њизб ва љонибдорони онњо. Мо коммунистон чун дигар мусулмонони дунё Худоро якаю ягона ва Муњаммадро Расули барњаќ мешиносем. Ин тањќири Шумо давоми њамон фатвоњои вањњобиён мебошад, ки дар аввалњои солњои 90-ўм гуфта буданд, ки "Коммунистонро љаноза кардан мумкин нест" ва ѓайраю ва њаказо ва он ба чї оварда расонид, њаммагон хуб медонанд. Ба маълумоти Шўмо мерасонам, ки ЊКТ дар тањкими давлати Тољикистон њанўз аз соли 1924 дар давоми зиёда аз 70 сол барои рушди давлатдории мо дар њама соњањо наќши муосир гузошт, ки моњияти ин сањифаи таърихи пуршарафро дурўѓгўињои Шумо коста нахоњад кард. Дар давраи нооромињои солњои 90-ум њизби мо барои барќарор намудани Њукумати конститутсионї, якпорчагии Тољикистони азиз, вањдати миллї, сулњу оромї ва бунёди љомеаи демократї дар ќатори дигар ќуввањои солими љомеа сањми арзанда гузоштанд. Пеш аз машѓул шудан ба маводњои тањлилї аќќалан як маротиба ба дафтари кори њизби мо, ки он ќадар дур нест, ташриф меовардед ба Шумо аз фаъолияти воќеии њизб маълумоту иттилоот, рўзномаи "Коммунисти Тољикистон"-ро медодем ва шояд дар тањлили маводњо боинсофона андешаронї мекардед. Ба аќидаатон, ки гўё дар љомеаи имрўза Шабдолов Ш.Д. ва Талбаков И.И.-ро аз њисоби ЊКТ беш аз 55 нафар касе намешиносад, пас љамъоварии 165, 0 њазор овазро ба тарафдории номзади њизб дар давраи пешазинтихоботї кї ба анљом расонид? Суханњои гуфтанї хеле зиёд аст, вале барои Шумо њамин ќадараш кифоя. Дар хотир дошта бошед, ки офтобро бо доманњои даридаи Шумо барин "тањлилгарони" бедалел пўшида намешавад. Њамин ќадарашро таъкид менамоям, ЊКТ дар њайати њаракати байналмиллалии коммунистї - коргарї љою маќоми худро дорад. Барои ба аќидањои коммунистии мо бовар кардан ва ё накарданатон ягон ниёзе надорем, ин кори шахсии Шумост ва ба маърифати сиёсиатон вобастагї дорад. Мо танњо ба маърифати баланди аъзоёни љомеа ва хиради азалии мардум такя менамоем. Мутмаъинам, ки башарият ниёз ба сотсиализм дорад ва дар ин љода ягон шубњае надорам. Таввакли Шумо ба Худо, ки ба буданаш на дар кабинетњо, балки мо коммунистон чун дигар мусулмонони асил дар ќалбамон боварии комил дорем. Шумо тањлилгарони калтакбадаст намедонам барои кї ва барои чї хизмат мекунед, ки њоло њам аз асп фаромада бошед, вале аз узангу нафаромадаед. Агар њаваси дар сиёсат фаъолият карданро дошта бошед, савияи дониши худро такмил дињед ва андешарониатонро аз рўи далелњои таърихї ба љомеа пешнињод намоед. Он ваќт дар љомеаи мо боз як тањлилгари воќеї пайдо хоњад шуд ва ба Шумо барори кор мехоњам. Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, аз ЊКТ, Котиби КМ ЊКТ


БО АЊЛИ МАЪРИФАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

11

монда, теъдоди фоњишањо, расман, беш аз 1600 унвон мешавад. Теъдоди талоќ меафзояд. Оилањои љавон пош мехўранд. Духтарони љавон даст ба худкушї ва худсўзї мезананд. Сабаби асосии ин пеш аз њама нодорї ва ќарздорї аст. Љиноятњои коррупсионї рў ба афзоиш нињода, нисбат ба соли 2007 бештар аз се маротиба зиёд шудааст. Фаъолияти ањзоби сиёсии Тољикистон як фиреби бузург аст, фиреби назарњо, хок пошидан ба чами мардум ба хотири соњиб шудан ба райъї онњо, барои њокимият ва маишат аст.

Коммунист ва мусалмони аљиб

БИСЁРЊИЗБЇ Ё ФИРЕБИ БУЗУРГ - 2 Дар матлаби ќаблї, дар бораи он ки ба фаъолияти коѓазии ањзоби сиёсии Тољикистон метавон аз теъдоди хонандагон ва истифодабарандагони сомонањои интернетии онњо пай бурд ва дар бораи теъдоди воќеии аъзои онњо хулоса кард, бо чанд далел наќл карда будем. Бо овардани чанд факт аз соомонаи ањзоби сиёсї, мисол овардем, ки њарчанд сераъзотарини ањзоби сиёсии Тољикистон - ЊХДТ расман мегўяд, ки беш аз 200 њазор нафарро дар сафаш дорад, чаро матолиби серхонандатарини сомонаи расмии ин њизб дар як рўз њатто аз сад нафар камтар аст?Ё Њизби дигари фаъоли Тољикистон - ЊНИТ, ки мегўяд беш аз 40 њазор аъзо дорад, чаро наметавонад дар сомонаи интернетияш аќалан њазор нафар хонанда дошта бошад? Чаро Њизби коммунисти Тољикистон, ки мегўяд 55 њазор аъзо дорад, наметавонад барои нашри газетааш маблаѓ пайдо кунад? Барои хонандаи њушманд, албатта? њољати идома додани ин мавзуъ ва чаро фиреби бузург ном гирифтани фаъолияти ањзоби сиёсиро дар ин матлаб шарњ додан зарур набуд ва зарурати ин матлаб њам вуљуд надошт, агар ба њафтаномаи "Нигоњ" гўё вокуниши Исмоил Талбаков, муовини раиси Њизби коммунисти Тољикистон ба ду маќола ќаблї ("Номзади ягона" ва "Бисёрњизбї ё фиреби бузург?", "Нигоњ", №21) намерасид. Ба назарам, онро посух гуфтан шарт нест. Аввал ба он хотир, ки бовар кардан душвор аст, ки ин суханњо ба вакили парлумон тааллуќ дошта бошанд. Дар ин матлаб, ки гўё љавоб ба ду маќолаи "Нигоњ" будааст, ягон факт дида намешавад. Пургўї, бењудагўї... Дар ин бора мегўянд, "дарро задам, девор кафид!" Ба њар њол, пучу холї будани чанд иддаои муаллифи ин матлабро, ки тањќиромез аст, дар охир ёдовар мешавем. Њоло дар бораи...

Фиреби бузург Дар Маљлиси намояндагони Тољикитон 63 вакил гўё фаъолият доранд. Гўё онњоро мардум интихоб кардааст. Аммо худи ањзоби сиёсии "мухолиф" медонанд ва борњо дар ин бора изњорот њам додаанд, ки дар Тољикистони соњибистиќлол интихобот чї маънї дорад. Агар ин њизбњои сиёсї рост гўянд, парлумони Тољикистон таќаллубї аст ва онро интихобї номидан мумкин нест. Баъд ин ки 47 вакил аз 63 "намояндаи мардум" дар Парлумони Тољикистон аз њизби њоким мебошанд. Аз њизбе, ки роњбарии онро раиси Њукумати Тољикистон, президент Эмомалї Рањмон ба дўш дорад ва аз хатти кашидаи њукумат як ќадам берун нагузоштаанд ва њаргиз нахоњанд гузошт. Њизби нањзати исломии Тољикистон дар ин парлумон ду вакил дорад. Агар аз рўйи таносуби теъдод ва њаводорони ЊНИТ ва ЊХДТ хулоса кардан мумкин бошад, теъдоди нањзатињо, ки њадди аќал 40 њазор нафар унвон мешавад, боястї на камтар аз 6-7 нафар мебуд.

Њизби коммунист њамчунин соњиби ду намоянда дар Парлумон аст. Яъне сањми ин вакилон дар ќабули ќонуну ќарорњо ночиз аст. Агар нањзатињо ё коммунистон хоњанд њам ба ќабул шудан ё нашудани ќонун ё ќароре мусоидат карда наметавонанд. Зеро ЊХДТ 75 дар сади теъдоди умумии вакилонро ташкил медињад. Ба ибораи дигар дар парлумон як њизб соњиби овоз аст. Яъне фаъолияти ба ном коммунистон ва нањзатињо дар парлумон фиреби назар аст. Њарчанд ин љо метавонанд вакилони ин ањзоб иддао пеш оранд, ки дар љараёни муњокимањои лоињаи ќонунњо иштирок мекунанд, бањс мекунанд, ва ѓ. њ. Аммо инкор карда наметавонанд, ки бо њар њол натиља њамон хоњад буд, ки њизби њоким, даќиќтараш њукумат мехоњад. Таззод ин аст, ки њатто интихоботро таќаллубї номида, вакилони ањзоби ба ном "мухолиф" онро тарк кардан намехоњад. Чаро? Инњо дар чунин парлумон, ки худашон онро таќаллубї меноманд, чї кор мекунанд? Маош мехўранд! Љавоби ягона ба ин савол шояд њамин бошад. Ба њар њол, маош ва имтиёзњои вакилиро дар Тољикистон ба музди муаллим баробар кардан номумкин аст. Парлумони Тољикистонро ба мањлули бензину об монанд кардан мумкин аст, ки на ба мошин рехтан мумкину, на нўшиданаш љоиз.

Парлумони беирода Беиродагии парлумонро дар чї дидан мумкин аст? Масалан, Њамрохон Зарифї, вазири корњои хориљии Тољикистон беиродагии Парлумонро то њадде њис кардааст, ки ба худ иљоза медињад аз номи 63 вакил гап занад. Вай ба журналистон дар бораи таќдири Созишномаи миёни Тољикистону Русия дар бораи маќому муњлати њузури пойгоњи 201-уми Русия дар Тољикистон, ки тибќи ќонун бояд дар парлумон баррасї шавад, гуфт, ки созишнома ба тасвиб хоњад расид...

«

Ин чї маъно дорад? Ин боварии вазир аз куљо маншаъ мегирад? Барои чї Њамрохон Зарифї ваќти ин изњороташ, эњтимоли муќовимати вакилони парлумонро ба ин созишнома њатто ба гўшаи хаёлаш њам наовард? Барои чї касе аз хабарнигорон аз ў дар ин бора напурсид, ки чаро вазири гиромї парлумонро ба як љав намехарад? Магар ин нишонаи беиродагии парлумон нест?

Ќонунњои мо Ин дар њолест, ки 8 милион ањолии Тољикистон, маљбур аст тибќи њамон ќонунњое зиндагї кунад, ё зиндагии худро ба чорчўбаи ќонунњое мутобиќ кунад, ки гўё мањсули њамин парлумон аст. Беш аз 20 сол аст, ки маљрои зиндагии мардуми Тољикистонро њамин парлумон њамин ќонунњо муайян мекунанд. Ин маљро моро ба куљо бурд? Њадии аќал 1 милион нафар аз ањолии Тољикистон, асосан онњое, ки аз дасташон коре меояд, маљбуранд дар хориљ аз кишвар, аксаран ба муздурї машѓул шаванд. Оилае нест, ки як нафар аз он муњољир нашуда бошад. Њар сол, бино ба маълумоти расмї, беш аз њазор тобут аз хориљї кишвар оварда мешавад. Дар 10 фоизи ин тобутњо, асосан љасади љавонони тољик аст, ки кушта шудаанд. Њизби халќї-демократии Тољикистон, чаро ба хотири эњтиром ба арзишњои демократї, аз наќзи њуќуќи муњољирони кории мо садо баланд намекунад? Њизби нањзати исломии Тољикистон барои заррае осон шудани мушкили мусалмонони муњољири тољик, ки дар конслагерњо нигоњдорї мешавад, чї кор кард? Чаро мо овози Њизби коммунисти Тољикистонро, њадди аќал ба хотири нишон додани эњтиром ба номи коммунист ва нафрат доштан ба фашизм намешунавем, ваќте муњољирони корї синфи коргару оммаи зањматкаш дар ѓурбат њоли бад доранд? Садњо њазор зани тољик наметавонанд шавњар кунанд. Садњо њазори дигар беваю бенаво

Таззод ин аст, ки њатто интихоботро таќаллубї номида, вакилони ањзоби ба ном "мухолиф" онро тарк кардан намехоњад. Чаро? Инњо дар чунин парлумон, ки худашон онро таќаллубї меноманд, чї кор мекунанд? Маош мехўранд! Љавоби ягона ба ин савол шояд њамин бошад.

«

Ба матлаби ќаблї, вокуниш аз љое омад, ки њич интизор надоштем. Мисле, ки аз бом тарошае афтод, Исмоил Талбаков, вакили Парлумон аз Њизби коммунист якбора ба ду маќола посух гуфтааст. Хеле хуб аст, ки љавоб ба маќола омад, аммо хеле бад аст, ки иддаои вакил бе асос, бе факт бе далел ва бе мантиќ пур аз суханњои пасти тањќиромез аст, ки хоси одамони нохонда мебошад. Муаллиф менависад, журналист "аз нигоњи худ ба таври воќебинона нею, ба таври ѓаразнок тањлил намуда...". Ба назар чунин мерасад, ки матлабро нахонда ба он посухи пур аз тањќир навишта шудааст. Барои тасдиќи аќалан як (!) суханатон далел оред. Барои рад кардани як нуќтаи маќола њадди аќал як факт оред. Журналисте, ки ба фаъолияти воќеї доштани њизб бовар надорад, онро њизби мурда, коѓазї, дурўѓин мењисобад, аз ин њизб чї ѓараз дошта метавонад? Мантиќ куљост?! Ба муаллифи посух њамин ду љумла, ки: "Ман шахсан ба ин ки дар Тољикистон 55 њазор нафар андешањои атеистї дошта бошанду то Худоро дар кабинеташ набинанд, ба мављудияташ бовар нахоњанд кард, шояд бовар карда тавонам. Аммо бо ин ки ѓайр аз Шодї Шабдолов ва Исмоил Талбаков ягон коммунисти дигарро дар Тољикистон 55 нафар мешиносанд, њиљ бовар намекунам" сахт расидааст. …Барои ин андешаронии Шумо, ки гўё коммунистон то Худоро дар кабинеташон набинанд, бовар намекунанд. Ин тањќир аст нисбати беш аз 45,0 њазор аъзоёни њизб ва љонибдорони онњо. Мо коммунистон чун дигар мусулмонони дунё Худоро яккаю ягона ва Муњаммадро Расули барњаќ мешиносем." Њарчанд ман фикр намекунам, ки муаллифи ин сатрњо аз забони коммунистони Тољикистон њаќќи њарф задан дорад, ба њар њол, шояд розї мешавад, ки ман наметавонистам нафаронеро, ки ба мављудияташон бовар надорам, тањќир кунам? Чун воќеан бовар надорам, ки дар Тољикистон 55 њазор ё 45 њазор аъзои њизби коммунист бошанд. Шояд коммунистон дар Тољикистон аз ин зиёд бошанд, аммо ба назари ман, аъзои ЊКТ нестанд, вагарна роњбарияти њизб аз њукумат хостори маблаѓ барои чопи рўзнома, ё моњнома намешуд. Ва бесабаб намедонам, ки зери тањќирнома фаќат Талбаков И. И. имзо гузоштааст. Дар Тољикистон њар кас дар муайян кардани муносибаташ ба дину эътиќод озод аст. Инро Ќонуни асосї кафолат додааст. Яъне шумо њам метавонед мусалмон бошед, атеист бошед. Ва касе шуморо тањќир накардааст. Ман гуфтам, бовар надорам, ки ин 55 њазор нафар аъзои ЊКТ њастанд. Чаро? Ман суњбати Шодї Шабдоловро дар бораи ин ки ба мављудияти Худо бовар надорад, дар ёд дорам, ки ба Радиои "Озодї" гуфта буд: "Бовар кунед, ман бар зидди дин нестам, мухолифи ягон мазњаб њам нестам, њар нафар њуќуќи эътиќод дорад, вале ман ба он чизе ки сабт нашудаасту даќиќ нашудаасту исботи худро наёфтааст, эътимод надорам. Кї дидааст худоро? Дар куљост он? Таълимоти Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин таърихи 100 - сола надорад, балки ду њазор сол пеш дар Юнон, дар Миср ва дар Баѓдод чунин таълимот вуљуд дошт." Шахсан барои ман, дар шароити феълї, ки аз гаравиши зиёд ба ислом дар кишвар њарф мезананд, воќеан бовар кардан мушкил аст, баъди ин 55 њазор нафар Шодї Шабдоловро пешвои худ донад. Шодї Шабдолов хуб медонад, ки марксизм - материализм, натиљаи зањматњои тўлонии аќлњо ба хотири инкор кардани мављудияти Худо ва мубориза бо дин аст. Муовини раиси ЊКТ ва вакили комунистон дар Парлумон боз дар бораи зањматњои зиёди ин њизб барои расидан ба бисёрњизбї ва истиќлолияти давлатї, мубориза барои барќарор кардани сохти конститутсионї њарф мезанад. Коммунизм ва бисёрњизбї, Коммунистон ва истиќлолияти давлатии Тољикистон... Дар ин бора чї метавон гуфт? Дигаронро намедонам, ба назари ман, ин воќеан ба "хирманкўбии буз" мемонад.

Фаридун РАЊНАВАРД


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

БО АДИБ пањлўяш дид, ки дар тан як пироњани нафис ва бо чашмони ташнаи ишќ ба ў менигарад. Афзал хост, ки духтарро яку якбора сахт ба оѓўш кашаду аз рухсорањои софу беѓубораш на як, балки њазорон бўсањо ситонад. Охир, ў фаќат дар шаби хобаш ин гуна паричењрањоро медид. Вале ин замон ба гўшаш панди Расули Худо омад: "Эй марди Худо! Ту фаќат он кореро бикун, ки ба мардум маъќул аст, на бо хоњишу њавои нафсат! Дар оѓози њама кор њамеша оќибати онро андеша намо! Ва бидон ки марди њаќиќї дар лањзањои аз њама душвортарин хешро ба даст гирифта метавонад!.." - Ња, студент, чї карахт шудї? - овози духтарак гуё садои чашмасорони мумиёї буду тану љони хастаро навозиш мекард. Духтарак синањои чун анор сахташро ба шонаи донишљў пахш кард. Донишљў аз ин амал гуё як нерўи фавќуллодае гирифт. Ангор дарахти ташнае, ки ба баргу шохааш чак-чаки борони бањорї меборад… Ва сар ба љониби хуршед мекашад…

Агар духтарак бо њамин исту бист ба стадион назди футболистњо дарояд, ба офаридгор савганд, ки њар ду команда бозиро манъ карда, барои ў мубориза хоњанд бурд! - Лайлољон! Мана дар њамин коѓаз навис, ки "дили ман (фамилия ва ном!) мисли алангаи кумур пар - пар дорад ва дар ин поси шаб (таърихи рўз, соат ва даќиќа) худам, ихтиёрї ба назди шањрванди ноњияи Айнї Комрони Карими 20-сола ома… - Бас кун ту, аблањ!Садќаи номи мардї шавї!!! - Духтарак чун паланги захмин бо овози баланд фарёд кашиду аз љогањи хоби донишљў парида бархост ва коѓази А-4-ро пора-пора карду бо ручка ба сару рўи Афзал њаво дод. Сипас бо шаст аз айвон баромада рафт. - Заб эзма будааст! Садќаи њамон муйлаби сиёњ шавї, гарданшах!!! - Эй духтар, оњиста ! Боз падару модарат бар сарам чормаѓз нашикананд! - Ваќти љавонї - љавонї мезебаду ваќти пирї - пирї!!! Э муре, ба њамин …- садои руњнавозу чун асали Фийзобод тоза ва ши-

"ЊУЌУЌШИНОС"

Рустам РАМАЗОНЇ - АДИБ , МУАЛЛИФИ КИТОБИ «РИВОЯТИ ЯЃНОБ»

- Ай бачаи берањм! Ту њељ медонї, ки ин дили бечораи духтар аланга гирифт! - Хонуми зебо! Чї магар ман ба корманди сохтори оташнишон монандам? О падару модарат боз ба сари ман наоянд? Донишљў ин лањза Рустами Достонро ба хотир овард, ки айнан њамин тавр дар шањри Самангон ба шабистонаш Тањминаи моњлиќо даромада буд. "Вай пањлавони љахонзеб буд, ман чї? - Як студенти оддї! Магар… !" Шамими тару тоза, нафаси ташнаи ин оњуи хушхиром дар як они воњид ўро ба тамом маст кард, бе шароб, бе афсун, бе… Ва боз "андоза нигоњ дор, ки андоза накўст, њам лоиќи душман асту њам лоиќи дўст!" - Чї мисли мўсафедњо ба фикр фурў рафтї, бача? Охир, бигир мара ба оѓўш! Ё мегазамат? Ба Худо бигир, ки дилам аланга гирифт, месўзаду хокистараш боќї мемонад!!! Шумо мардакњо нодуруст фикр мекунед, ки аз њама ќимматтар симу зар аст. Бовар кунед, ки гаронбањотарин неъмати зиндагї - ин ваќт мебошад! Ваќт!!! Шаб мегузарад! Мефањмї?!! - Ман номи туро надонам… - Донишљў љањида аз љо бархосту аз љайбаш як коѓази сап-сафеди А-4 ва ручкаи 50 - дирамаи чиниро ба духтар дароз кард: - Навис! - Чї бинвисам? Номи ман - Лайло, - бо нозу ишва љавоб дод духтарак ва боз як тугмаи сари синаи чун барфи сафеди худашро кушуд.

Магар донишљўи имрўзаро фаќат стипендия ќонеъ карда метавонад? Албатта, на! Мана Афзали Каримро бигирем. Дар курси 2- факултети њуќуќшиносї тањсил дорад. Баробари тањсили рўзона бегоњї ба таъмири хонаю дари мардум машѓул аст, то маблаѓе ба даст дошта бошаду назди њар хасу хошок хору забунї накашад. Имрўз кор баъди дарс дар њавлии яке аз корафтодањо - директори ким-кадом корхона љараён гирифт. Ў тањкурсии нав барои сохтмони ошхонаи тобистона рехт. Кор то беваќтии шаб, назди чароѓи электрикї идома ёфт. Афзал тасмим гирифт, ки дар айвон хоб рафта, фардо аз њамин љо ба дарс хоњад

рафт. Баъди кор дар назди љуйбор шустушў карду духтари сохибхона ба ў хўроки шом овард ва "иштихои хуб" - гуфту рафт. Чун коркўфта буд, дуруст ва ба чашми харидорї наёрист ќаду ќомат ва њусну малоњати духтаракро сер бубинад, ё андешае дар сараш пайдо шавад. Барои њамин баъди таъом либосхояшро кашиду зуд ба љогањ даромад ва фурсате нагузашта, ба хоби ширин рафт. Ањли хона бошанд, дар хонаи рў ба рў истиќомат доштанд. Посе аз шаб гузашта буд, ки дасти нозуки мулоиме ба сари синаи пурпашми донишљў расид. Дарњол хоб аз чашмонаш парид. Чашм кушоду духтари соњибхонаро дар

Сабурї Машшоќ аз овони хурдї мехост, ки академик шавад. Мудом дар дасташ китобу дафтар. Дар панљ соли донишљўиаш ягон бор ба тарафи духтарон нигоњ накардааст. То он, ки духтарњо њам ба ў таваљљўњ надошта бошанд, сари кадумонандашро њар њафта бо теѓ пок - покиза тарошида мепартофт ва бо туфлии чиркин мегашт. Аз ким-кадом маљаллае хонда буд, ки духтарон нахуст ба туфлии мард нигоњ мекардаанд, сипас ба кисааш! Лекин баъди хатми институт падару модар маљбуран писари олимашонро хонадор карданд. Ва баъди тўй Сабурї фаъолияти худро идома дод. Барои Сабурї яку якбора гирифтани унвон сањл набуд, бале профессор ё академик шудан осон нест… Мана гирем унвони номзади фанњоро соњиб шудан. Он шаб Сабурї то субњ нахобида, омодагї дид. Соатњои сею чањори шаб ваќте, ки хоб ќариб ѓалаба мекард, аз назди мизи корї бархоста каме машќ мекард, ё ќањваи зиёд менўшид. Сахт китобу дафтар вараќ мезад. "Охир то кай мо бо ќувваи таѓою доллар пеш меравем? Донишу таљриба њам даркор аст…" - меандешид худ ба худ. Он шаб то сањар омўхту мутолиа кард ва рисолаи номзадиашро, ки ба мавзўи муњим - "Чї тавр мо бояд Одам шавем?" бахшида шуда буд, њаматарафа омода кард. Субњ аз хурсандиаш чї тавр ношто кардану либос пўшиданашро њам нафањмида, папкаи худро ба баѓал заду ба тарафи Академия давид. Охир, ин кори шухї нест - баъди номзад шуданаш маош яку якбора ду баробар боло меравад! Дар маљлисгоњи Академия алњол пашша њам пар намезад, њаминаш бењтар, нишаста хушруякак боз тайёрї мебинї… Нињоят соати расо 9 њама љамъ омаданду раис баъди муќаддимаи фишурдае суханро ба унвонљўи шўъбаи фалсафаи донишкадаи агробизнеси Љумњурии Тољикистон мўњтарам Са-

"АКАДЕМИК" бурї Машшоќ вогузор намуд. Њамин ки Сабурї папка зери китф аз љо бархоста ба минбар наздик шуд, толори бузурги Академия аз садои хандаю ќарсак ба љунбиш омад. Дар ќатори пеш нишастагон ( ки аксарият чењрањои намоёни илму адаби кишвар буданд! ) ба сару либоси маърузакунанда ишора карда, аз ханда ашк мерехтанд. Ин лањза Сабурї ба сару либоси худ назар карда, сабаби хандаи њозиронро дарёфт. Сабил монад, њушу ёдаш ба рисолаи номзадї банд, пўшидани шимро фаромўш карда, бо њамон нимэзори тики шабхобравиаш ба Шўрои олимон омадааст. Аз миён боло њамааш наѓз куртаи нави сафед, галстуки доначадор (њо, хамоне, ки сарвазир дорад!) кастуми ќањваранги наппа нав, ки панљ сол пеш аз ин модарарўсаш тўњфа карда буд… Ња, гуфтагї барин, тоќї… Э сабил монад! Тоќии гулдўзии њамсараш. Чї хел ў ба ин иштибоњ роњ додааст? Њама њушу ёд ба њамон рисолаи зормонда "Чї тавр мо Одам…" Сабурї аз шарму њаё чун лаблабу сурх шуду давида ба баромадгоњи толор рафт, аммо Раис пеши рохи ўро гирифту аз дастонаш дошт ва ба назди минбар оварда, бо овози баланди худ (бе микрофон њам шунидан мумкин!) эълон намуд: - Њозирини гиромї! Маълум, ки шогирд ба санљиш сахт омодагї дидааст, вагарна бо њамин ањвол ба назди зиёиёни миллат њозир... .- ањли толор њамчунин сару пои булаљаби унвонљўро дида аз ханда бењуш мешуд ва садои ќарсаку њуштак ба раис имкон намедод, ки суханашро ба поён расонад.

- Устодон ва мењмонони азиз! - нињоят баъди муддати тўлонии хандаю хушњолии ањли толор ба сухани худ идома дод раис. - Чї љои пинњон кардан, шахсан ман худам њангоми унвони "Аъзо-корреспонденти Академия" гирифтанам субњ ба љои пиджак камзўли арўсии њамсарамро пўшида, ба КМ, яъне СЕКА рафтагиам, то аз дасти мубораки Турсун Ўлљабоюф медал гирам! Ин коре, ки Сабурї кард, барои њамаи мо (чї љои пинњон кардан?) як чизи маъмулї ба шумор меравад! Дар зиндагї фаќат њамон одаме хатогї намекунад, ки агар ягон коре накунад! Ману шумо ба њоли худ хандида истодаем! Барои њамин лањзае маро гўш дињед. Хоњиш дорам… Нињоят ѓалоѓулаи ањли нишаст каме пасттар гашт. Дастони Cабуриро то њол раис мањкам дошта меистод, набошад кайњо ў гурехта баромада мерафт. Фаќат назди минбар ў сархам меистод, замин намекафид, ки бо ин сару либосаш даромада, пинњон шавад. - Устодон ва мењмонони гиромиќадр! Бовар кунед, ки худи њамин сањар зављаам ба дасти ман ду ќуттичаи валидолро дод, ки мабодо дар љаласа ањволам бад нашавад. Шукри Худованд, ки њељ дар гўшаи хаёлам њам набуд ин ќадар хандаю хушњолї! Баръакс ман омодаи шунидани маърузае будам, ки ду - се соати умрамонро бењуда мегирифт. Рањмат ба шогирд, ки имрўз њамаи моро аз ташвиши маърузаи илмї халос кард! Шахсан худам ќариб 20 - сол боз дар ин вазифаи пурмасъулият чунин хушњол нашуда будам! Ањли нишаст њам тоќї, саллаю шляпа ва руймолњояшонро ба њаво алвонљ дода, "Мо

рини духтараки чобуку љасур ва нотарс дигар ба гўши донишљўи эњтиёткор нарасид. Дар шабистони донишљў танњо накњати духии "Принссеса"-и Лайло ва ёди ширини ў боќї монд. Донишљў аз сари нав ба љогањ даромад, вале дигар то субњ ба чашмонаш хоб наомад. Ў ба дарёи андеша ѓарќ шуд. "Рустами Достон дигару Комрони донишљў дигар аст! Каду дигару тарбуз - дигар будааст… Пањлавон дили шерона ва ѓайрати уќобона дошт, ман бошам … коѓазу ќалам ба духтар дароз карда истодаам, э беаќле…Њофизони дайдую кўчагард шабу рўз " Ман интизорам, дилбар, кай аз дар дарої, дилбар" ашўла хондагишон - хондагї! Лекин ба пеши ягонтои онњо, ягон рўзу соат магар, аќаллан кампири Зулњон рафта даромад?! На, њељ гоњ! Дидед?.. Ба назди ман бошад духтари аз њама зебои тољик, ки њатто модараш њам ўро бўса накардааст, њамту, бе духии "Шанел"-у зару зевар ва њазору як гулу коса даромада омад. Сад њайф, ки сайд, фариштаи њусн аз мо гурехт!.." Субњи барваќт њанўз чашми рўз рўшан нашуда, донишљў хўроки субњ он тараф истад, њатто музди кории 9 - соатаашро њам нагирифта, бо сари вазнин ба тарафи "љазира"-и донишљўён роњ пеш гирифт. Ў имшаб соати 2.34 Шайтони лаъинро лаљом зада буд!

њам! Мо низ!!! Мы тоже!!!" - гуён ба экспонати зинда - Сабурї офарину тањният мехонданд. - То њол ягон сирки Маскаву Њинду Чин моро хушњол накарда буд, чуноне ки шогирд Сабурї кард! - Барои њамин як пешнињод дорам: чї мешавад, ки ба унвонљўи Донишкадаи агробизнеси Љумњурии Тољикистон, шўбаи фалсафа Сабурї Машшоќи Танбурзода яку якбора унвони "Профессор" дода шавад! Шахсан худи ман ба илму дониш ва хиради ин шогирди бењтаринам сад дар сад бовар дорам! - Мо њам! Мо њам!!! - дўстона раисро тарафдорї карданд њозирин. - Ба ташрифатон ташаккури зиёд! Хотиррасон мекунам, ки худи фардо дар њамин толор, соати расо 9 муњокимаи академик Човандоз Барќзода баргузор мегардад. Миш - миш њаст, ки ў хлеби русї пухта, дар бозори Шоњмансур мефурухтааст, албатта, хому хатала! Њозир љаласа бо њамин ба поён расид! Самбўсапази ошхонаи Академия љаноби Шарифљони Эшонзод! Аз Шумо эњтиромона хоњиш карда мешавад, ки бо лимузинатон Сабуриро то хонааш бурда монед! Дар роњњои пойтахт боз шарм накунад. Сабурї нахуст фикр мекард, ки ба хона рафтан баробар мурданивор њамсари нодонашро зери мушту лагад хоњад гирифт ("охир сари ман ба илм банд, ў чї?!") аммо чун унвони профессориро соњиб шуд, раъйаш њам дигар гашт ("ўро бўсида, "рањмат" гуфтан даркор!) Наѓз шуд, ки ваќти аз хона баромаданам занак ба маѓоза барои шир рафта будааст…" Акнун профессор Сабурї мебоист ба президиуми Академия як зиёфати кори калон ва ба Раиси он бошад, ду гўсфанди фарбењи њисорї, шиму кастуми финї ва тамоми умри боќимонда сарпарастию хушомадгўї мекард! Дар пеш - зинаи навбатї - гирифтани унвони "академикї" меистад. Ба пеш!


ТАХТАИ СИЁЊ

112 МУЊОЉИР ВА 8 ДОНИШЉЎ Муњољират сол ба сол доѓњои нав пайдо мекунад Муњољират ранги сиёњу сафед, мисли шабу рўз дорад. Бачаи тољики мусулмон якбора аз як дењоти хурд ба шањри калони аврупої сафар намуда, худро батамом гум мекунад. Бахусус агар ин љавонписар бесавод бошаду љањонбиниаш танг. Чаро бесавод? Чунки имрўзњо мактабњои тањсилоти њамагонї махсусан дар дењоти кишвар мушкилоти зиёд доранд, касодии рузѓор боис гардида, ки ќисми зиёди омўзгорон кори муаллимиро партофта, ру ба муњољират оранд. Дар дили талабањои мактаб њаваси хондан нест. Касби машњур байни талабањои мактаб ин "россиян" шудан аст. Аз 120 нафаре, ки дар дењоти Бакарони ноњияи Вањдат пурсон шудам, 112 нафар посух доданд, ки баъди хатми мактаб ба

муњољират мераванд. Фаќат 8 нафари боќимонда љавоб доданд, ки ба мактаби олї дохил шудан мехоњанд. 112 нафар ба саволи чаро ба мактаби олї дохил шудан намехоњї, ду намуди посух доданд: 1) "пул надорем барои дохил шудан", 2) "шароити зиндагии оила хеле вазнин аст, пул кор кардан даркор".

Њамљинсбозї Дар шањрњои Русия њастанд сарватмандоне, ки ба дарди њамљинсбозї гирифторанд. Барои корњои ифлоси хеш онњо бештар аз хизмати баъзе муњољирони ўзбеку тољик истифода мебаранд. Доми андохтаи онњо аз эълонњои дурўѓ дар њафтаномањои таблиѓотї мебошад. Масалан, дар њафтаномаи

"Реклама" навишта шудааст: "кори хубу сердаромад, љавонписарони аз 18 то 35 соларо ба кор мегирем. Ба кадом миллат мансубият доштанаш муњим нест. Агар шањрванди СНГ бошад, бењтар аст". Ё ин ки њангоми хонаро ба иљора додан чунин нафарон эълон менависанд, ки фаќат љавонписаронро барои иљора мегиранд. Як нафар љавони муњољир бо номи Н., ки дар шањри Питер ба корњои сохтмонї банд аст, чунин наќл кард: - ...Рўзе баъди кори вазнини сохтмонї роњ суйи хонаи иљора гирифтам. Аммо дар ними роњ мошини "Мерседес"-и раиси корхонаи сохтмонї омада, наздам истоду раис маро ба мошинаш таклиф намуд. Пурсид, ки ба кадом тараф меравам ва аз кадом шањри Тољикистонам. Худро одами мењру-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

13

бон нишон дода гуфт, ки ў миллатчї нест. Сипас телефони мобилиашро бароварда акси духтари зебояшро аз он ба ман нишон дода гуфт: - Духтари маро мегирї? Ман њам хурсанд шуда гуфтам, ки агар шўхї накунад, албатта, мегирам. Ў ба ман даст дароз карда, дастамро мисли занњо фишурда гуфт: - Тамом, ту домоди ман мешавї. Сипас ногањонї ба ман дарафтода, изњори муњаббат карда, иќрор шуд, ки ба дарди бачабозї гирифтор аст ва агар хоњам ба ман хам духтарашро медињаду њам маошамро баланд мекунад. Аз ин суханони ин марди фосиќ асабњоям гирењ баста, аз банди дасташ доштам муште ба руяш фаровардам ва дод задам, ки мошинашро нигањ дорад. Аз мошин фаромада, тез-тез роњ гаштам. Дертар фањмидам, ки баъзе аз муњољирони узбеку тољику туркманро дар чунин хољањо барои дилхушии худ истифода мебурдаанд. Њатто буданд љавонписароне, ки љое кор накарда, бо ин роњ рўзе 1500 рубл кор мекардаанд.

"Чифир" Дар шањри калони Русия љавони дењотї тараќќиёти техникї ва аврупоиро дида, ё диди тоза мебардорад ва ё рафтораш берун аз шариат мешавад. Дар тамоми мањбасњои дунё зиндониён барои њаловати яклањзаина аз чойи сиёњ нушокии мадњушкунандаи "чифир"-ро тайёр мекунанд. Чифир аз як - ним килло чойи сиёњ ва як стакан об тайёр карда мешавад. Онро дар алови паст ќариб як соат мељўшонанд. Сипас муњољирон ин миќдори чифири љушидаро гарм-гарм байни њам ду се ќултї нўшида, таќсим мекунанд. Баъди нўшидани он таппиши дил суст шуда, руњияи инсон коњилу мадњуш мегардад. Вале барои нафарони касалии дил хавфноку марговар мебошад. Дар Русия чунин фољеањои ба чифир алоќаманд баъзе ваќтњо рух медињад. Масалан, сокини ноњияи Њисор Ањлиддини К. баъди нушидани чифир дилаш якбора суст шуда, баъди се соат ногањонї аз олам чашм пушид. Шањлои НАЉМИДДИН


14

ИЉТИМОЪ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

ЗОТИ КЎДАК Чаро дасти фарзандро мебуранд? Ин љавонон, ин кўдаконе, ки аз рўи парокандагии оилањо, вазъи пасти зиндагї, овораву сарсон намедонанд сар ба кадом дар зананд ва ночор тадрису таълимро тарк карда, рў ба бозор ба боркашиву мошиншўї овардаанд, фарзандони тамоми миллати тољик њастанд, на аз як падару модар. Ба оќибати вахими сарнавишти онњо њамагон масъуланд. Дар бозори Варзоб (Водоносос) бо се наврас, ки мехостанд борамро то назди мошин оранд ва дар ивази корашон як сомонї бигиранд, сўњбат доштам. Шерафган, синфи шашум ва Шамсуллоњ, синфи сеюм - хонандаи мактаби миёнаи тањсилоти умумии № 12 ва Сом, синфи шаши мактаби № 80. Ин наврасон, бовар кунед, падару модари бечораро дигар гунањкор намењисобанд. Онњо њам вазъи нохуби иќтисодии кишварро дарк кардаанд, аз чунин зиндагї шикоят доранд, ин ногуфта дар чењраи онњо пайдост. Чизе гуфтан намехоњанд, фаќат мегўянд, зиндагї бояд кард, барои соли хониши нав омодагї дидан лозим... Оила аввалин муњити тарбиявї барои фарзанд ба њисоб меравад. Нахустин оѓўши гарм, ки тифлро ба адабу ахлоќ фаро мегирад, њамин оила аст. Аввалин љомеае, ки фарзанд дохили он мешавад, њамин оила аст. Оила аст, ки дар шахсияти кўдак таъсири шадиди худро мерасонад. Хоњ таъсири манфї бошад, хоњ мусбї. Волидайн барои фарзанд идеали фаъол ва намунаи ибрат њисобида мешаванд.

Пас, падару модар фарзанди навзодро ба њар коре одат дињанд, бешак, тифл ба он амал хў мегирад. Њар чиро, ки ба ў таълим бидињанд, онро ба зудї аз худ мекунад. Ба њар коре ўро равона кунанд, меравад. Агар падару модар шахсони солењ бошанд, яќинан тифли онњо солењ нашъунамо меёбад ва агар волидайн бадкирдор бошанд, бешак, писари эшон бадкирдор ба воя мерасад. Дар ин самт Абуњурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки Расули Худо фармуданд: "тамоми тифлњои навзоде, ки ба дунё меоянд, дар асоси "фитрат" (њолате, ки дар асоси он халќ карда мешаванд, аз ќабили имон, маърифат, иќрор ба раб будани Аллоњ ва ѓайра) ба ин олам чашм мекушоянд. Пас волидайн аст, ки тифли навзодро яњудиву насронї ва оташпараст мекунанд. Чуноне, ки чорпоён фарзанди солим ба дунё меоранд, пасон бинии он бурида мешавад". (Бухорї љузъи 5, сањифаи 143, њадиси раќами 1271). Волидайн набояд дар њузури тифл ихтилофу муноќишоти байнињамиро барпо кунанд, аз камбудињову норасоињои њаётї онњоро огоњ накунанд, чунки ин амал дар зоти кўдак таъсири манфї мерасонад, ки ин аз таљриба пайдост ва ин кирдор аз љумлаи иштибоњу хатоњои бузург муаррифї мешавад. Дигар кирдори номатлубе, ки аз љониби волидайн сурат мегирад, ин аст, ки фарзанди хурдро њангоми амали нодурусташ, аз ќабили дуздидани як шайъи ночиз мебинанд, дар рўи ў механданд, њатто ўро барои дубора анљом додани он амал ташвиќ меку-

нанд. Дар ин маврид ба ќиссаи муносиб ба ин макон таваљљўњ кунем, ки дар самти бетафовутї нисбат ба тарбияи фарзанд, чї зебо зикр гардидааст, "Як марди миёнасоле моли бисёреро дуздид. Барои буридани дасташ назди ќозї њозир кардаанд. Марди љинояткор ќабл аз иљрои љазояш талаб мекунад, ки модарашро ба наздаш биёранд. Замоне модарашро меоранд, мехоњад ўро бибўсад. Ба муљарради наздик шудан модарашро ба шиддат мегазад. Дар он њол аз ў пурсон мешаванд, ки чаро дар њаќќи модарат ин амалро раво дидї? Дар посўх мегўяд, дар овони хурдсолиям рўзе як тухмро аз љое дуздидам. Модарам маро ба ин кор ташвиќ кард ва аз ин амали зиштам розї буд. Асари он аст, ки имрўз ман ба ин кор расидам". (Китоби "ислоњи муљтамаъ"с. 127, таълифи Муњаммад Байњонї). Мутаассифона, имрўз дар љомеаи мо, падар бо фарзанди љавонаш дар сари як дастурхон шароб менўшад, фарзандашро барои овардани машрубот ба маѓоза мефиристад ва чї амалњои номатлуберо анљом намедињад, пас аз чунин фарзанд чї умед боќї мемонад? Коршиноси масоили тарбиявї Ибни Ќайим (р) беањамиятї нисбат ба тарбияи фарзандро мавриди мазаммат ќарор додааст:"Њар волидайне, ки нисбат ба таълими фарзандаш беањамиятї зоњир мекунад ва ўро овораву беназорат рањо месозад, яќин пайдо кунад, ки дар њаќќи фарзандаш нињояти бадиро раво дидааст.

Ва ба хубї дарк бояд кард,ки аксари љурму љиноят ва фасоди фарзандон аз љониби падарон ва беањамиятии эшон сар мезанад. Чунки фарзандонро аз таълими илм мањрум сохтаанд, заруриёти диниро ба онњо наомўзонидаанд. Дар натиља онњоро дар айни хурдї зоеъ кардаанд, ки имрўз на ба нафси хеш нафъе мерасонанд, на ба падару модар". (Китоби "Туњфату-л-Мавдуд биањкомил-мавлуд"(с.139). Доктор Яњё Њусайн дар китоби "Бузургон ба сабаби модаронашон

машњур шуданд", зикр мекунад, ки "њар касе мехоњад, сирри муваффаќиятро дар Салоњиддини Айюбї биљўяд, дармеёбад, ки сирри пирўзии ў дар њамон тарбиятест, ки аз оила касб карда буд". Чуноне мегўянд, "бе шак дар пушти њар ќањрамонмарди бузурге, волидайни мураббї вуљуд дорад". Пас шахсиятсозї, худсозї мебояд моро, он гуна, ки уламо гуфтаанд, "ќањрамонмардњо таваллуд карда намешаванд, балки сохта мешаванд", сурат бигирад. Ќадриддин ИСОЕВ


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА

ТАРКИ ОДАТ "НОСИ ТАЪРИФЇ" - Њафтаи гузашта дар њафтаномаи "Нигоњ" матлаби сокини ноњияи Айнї Исфандиёр Рустамовро дар бораи нос хонда, бетараф буда натавонистам ва њодисаеро доири носкашї, ки замоне дар яке ноњияњои дурдасти куњистон рух дода буд, мехоњам манзуратон намоям, то ибрат барои носкашон гардад! Дар мењмонхона, баъди тановули зиёфат, дар давраи носкашњо бањс ављ гирифт. Њар яке носи худро таъриф мекард. Нињоят Эшони љангалбон таклиф кард: - Бањси бефоида чї лозим? Шайх Саъдї гуфтааст, ки "Атр он аст, ки худ бибўяд, на ин ки аттор гўяд!" Мо њоло њар як носро санљида, баъд бањо дињем, хуб мешавад. Њама розї шуданд. Дар озмун носи посбони маѓозаю идораи љамоат - амаки Афзал љои нахустро гирифт. "Ана носу мана нос! Мекашию сар роњат мекунад!" Сипас њама ба ў дарафтоданд, ки ин хел носи таърифию "крепкий" - ро аз кадом фурўшгоњ ё усто дастрас мекунад? - Аз њамон бозори худамон! - посух дод амаки Афзал. - Дар растаи чарчинфурўшњо, назди ошхонаи "Таомњои миллї" дўкони тахтагие бо ранги сафед вуљуд дорад. Дар рўяш бо њарфњои хоно "Носи Хуршеда" навишта шудааст. Лекин зормонда, нархаш гарон њам бошад, меарзад - да! Носи Хуршедаро мезанию дигар ягон дам намезанї!!! Рўзи дигар, субњи барваќт се њамдењаи ман - Пўлод (собиќаи носкашиаш 17 сол), Љумъабек (собиќаи носкашиаш - 19 сол) ва Идибек (собиќаи носкашиаш - 22 сол) ба бозори марказии ноњия рањсипор шуданд. Маќсади асосиашон - харидани носи таърифї буд. Баробари кушода шудани дарвоза ин се носкаши ашаддї вориди бозор шуданд. Не, хайрият, амаки Афзал дурўѓ нагуфта буд. Дўкони гуфтагиашро баъди ягон панљ - шаш даќиќаи кофтукоб ёфтанд. Худи худаш. Дар болояш лавњаи рўшан навишта шуда буд: "Носи Хуршеда". Аммо дўкон ќулф буд. Дар ин субњи барваќт шояд носфурўш ношто карда истода бошад. Соат њафт буд. "Сегона" дар орзуи носи таърифї рў ба рўи дўкон, љомањояшонро кашида, ба замин пањн карда менишинанд. Ќариб як соат мунтазирии онњо натиљае намедињад. Носфурўш намеояд. Тоќаташон тоќ мешавад. "Шояд барои ў имрўз истироњат бошад!" "Агар истироњат буд, дар ягон љо эълон менавишт ..." "Нашавад, ки бо дасти холї ё аз дигар љо нос харем ..." Пўлод, ки аз њама љавону бетоќат буд, аз љо бархоста, дари дўконро оњиста тела мекунад. Дари дўкони носфурўш кушода будаасту манзараи њайратоваре ба "сегона" љилванамої мекунад: Дар замин чанд љуволи калони нос. Як зани пуртану тўш, бо сару либоси ифлосу чиркин ба болои яке аз ин љуволњо рост истода ... ! Ана, барои чї носи ин беваи албастї шўр будааст!!! Њамдењагони кўњистонии ман дар мактаби дипломатї нахондаанд. Барои њамин, баъди мушоњида кардани чунин њолат зани носфурўш (њамон Хуршеда) - ро ду се шаппотии обдор зада, 5 љуволи бузургу 3,5 халта носи тайёри ба фурўш пешбинї шудаи ўро аз дўкон бароварда, ба љўйбори ќади роњ мерезанд... Аз натиљааш мепурсед? Суди ноњия ќариб ин носкашњои ашаддиро ба паси панљара нишонд. Дар муддати 7 - моњу 24 рўз ба идораи судї рафта, омада, кафшашон ѓалберу зарари калони моддї (њар яке 5 000$) дида, билохира, ба хулосае омаданд, ки њамин носкашиашон - ин худ як дарди сар ва касофатї будааст. Ва якљоя, якбора носкаширо аз дидани њамон манзараи дилбењузуркунанда, дар дўкони таърифии "Носи Хуршеда" партофтанд. Носхалтањоро зери по карда маљаќашонро бароварданд. Ин "сегона" то њол агар вожаи "нос" - ро шунаванд, ё ягон носкашро бубинанд - дилашон бењузур мешавад! Љањонгири САЛИМ, сокини ноњияи Варзоб

15

АКСИ ГЎЁ

Нозири БДА аз сањар то бегоњ бо радар дар роњ рост истодааст. Ягон мошин суръати њаракатро баланд намекунад, то љаримааш кунад. Нозири БДА ѓамгин мешавад. Ногоњ як мўйсафед бо хар аз наздаш мегузарад. Нозир мўйсафедро манъ карда мегўяд: - Чаро дар минтаќаи ањолинишин суръати њаракатро баланд кардї? Мўйсафед дар љавоб мегўяд: - О, ин хар аст, чї хел суръати њаракатро баланд кардам? Ин худаш аз рўи 20 меравад. Нозири БДА њозирљавобї карда, боз мегўяд: - Хайр, ман дидам, ки хари бечораро бо халачўб сахт задї. Оё ту намедонї, ки њамин њайвонњо њам махлуќи Худованданд. Даррав бахшиш пурс, ки њозир "протоколат" мекунам. Мўйсафед аз хар фаромада сўи хар нигоњ карда, мегўяд: - Харљон, маро бубахш, ман нафањмида будам, ки ту дар байни кормандони БДА шинос дорї! Маро Бубахш! *** Як тољик дар Маскав ба маѓоза медарояд, мехоњад, ки 4 дона хлеб харад. Раками 4 - ро ба забони русї намедонад, ки чї мешавад. Мегўяд, ки "Девушка, дайте мне пять хлеб, один не надо!" *** Суњбати донишљўён. - Бањоятро гирифтї? - Ња. -Чанд? - Панљ! - Сомонї? - Не, доллар! *** - Чаро аз Љўрабой унвони "Устоди спорт"ро гирифтанд? - пурсид шахсе аз рафиќаш. - Чунки вай "устоди спирт" шуд. *** Фил њамроњи мурча аз сарњад мегузаранд, ки овози тир баланд мешавад. Мурча ба фил мегўяд: - Фил, баљо шав, ки маро диданд.

ЊАМДАРДЇ Њайати эљодии нашрияи "Нигоњ" бинобар даргузашти директори ифтихории Институти гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии Тољикистон академик Њамид МАНСУРОВ ба наздикону пайвандони марњум њамдардї изњор намуда, ба онњо аз даргоњи Худованд сабри љамил хоњон њастанд. Манзили охирати устод фирдавси барин гардад! Омин!

ЧАРО? ЧАРО АЊОЛИРО БО ОБИ НЎШОКЇ ТАЪМИН КАРДА НАМЕТАВОНЕМ? - Соли 2003 дар Тољикистон Соли оби тоза ва имсол бошад Амалиёти "Дањсолаи об барои њаёт" ќайд карда шуд, вале њељ не, ки ањолии кишварамонро бо оби нўшокии тоза таъмин карда тавонем! Ваќте аз уњдаи таъмини оби нўшокии ањолии Тољикистон баромада наметавонем, чї даркор аст ин ќадар даѓдаѓаи зиёдатї? Оё намешуд бо ин ќадар сарфу харљи зиёдатї лоаќал як ё якчанд ноњияи Тољикистонро пурра бо оби нўшокї таъмин мекардем? Ваќте дар саргањи об ќарор дорем, чаро сокинони кишварамонро бо об таъмин карда наметавонем? Мушкил чист? Кай таъмин мекунем? Носир ДАВЛАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Имрўз 65 дарсади системаи обтаъминкунии шањрњои Тољикистон коршоям буда, 25 дарсади он тамоман корношоям ва 10 дарсади дигар нимкоршояму нимкорношоям мебошанд. Системаи обтаъминкунии ањолии дењоти Тољикистон 40 дарсад коршоям, 45 дарсад корношоям ва 15 дарсад нимкоршояму нимкорношоям мебошад. Мо кормандони КВД "Хољагии манзилию коммуналї" њаракат мекунем, ки тамомии ањолии Точикистон бо оби тозаи нушокї таъмин гарданд. Роњбарияти КВД "Хољагии манзилию коммуналї" ба Њукумати Љумњурии Тољикистон Барномаи рушди хољагию манзилии коммуналиро љињати бо њарчи бештар бо оби нушокї таъмин намудани ањолии Тољикистонро пешнињод кардааст. Айни њол ин барнома дар ЊЉТ мавриди муњокима ва баррасї ќарор дорад ва боварии комил дорам, ки он

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

ќабул мегардад ва таъминоти мардум бо об хуб мешавад. Бар замми ин Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соња "Барномаи бењтар намудани таъмини ањолии Љумњурии Тољикистон бо оби тозаи нўшокї барои солњои 2007- 2020" - ро тањти ќарори №514 аз 2- юми декабри соли 2006 ќабул намудааст. Барномаи мазкур аз тарафи КВД "Хољагии манзилию коммуналї" дар њамкорї бо Вазорати мелиоратсия ва захирањои оби Тољикисон тањия гардидааст. Маблаѓи умумии барнома 3 миллиарду 324 миллиону 844 њазор сомониро ташкил медињад, аз љумла 498 миллиону 727 њазор сомонї (15%) маблаѓњои мутамарказ, 332 миллиону 484 сомонї (10%) маблаѓњои буљети мањаллї, 2 миллиарду 327 миллиону 391 њазор сомонї (70%) инвеститсияњои хориљї ва 166 миллиону 242 њазор сомонї (5%) маблаѓњои њисоби хољагидории соњаро ташкил медињад. Дар давоми солњои 2007 ва 2012 барои татбиќи барнома 149 миллиону 700 њазор сомонї маблаѓгузорї гардид. То имрўз агар дида бароем тамоми системањои обтаъминкунии Тољикистон дар солњои 50 ва 60 -уми асри гузашта сохта шуда буданд ва онњо ба барќарорсозї ниёз доранд. Мо боварии калон дорем, ки бо љалби маблаѓњои буљетї, донорњои хориљї ва институтњои молиявї дар самти таъмин намудани ањолї бо оби нўшокї дар шањру дењот марњила ба марњила ба пешрафтњои назаррас ноил мешавем. Ба саволи Шумо Марњабо СУЛТОНОВА, муовини раиси Корхонаи воњиди давлатии "Хољагию манзилию коммуналии Тољикистон" љавоб дод.

ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95

НАХОД? ПИСАРБАЧАИ БОЊУШ Як писарбачаи синфи якум ба муаллимааш гуфт: - Муаллима, маро бояд ба синфи сеюм бигузаронед. Муаллима бо тааљљуб мепурсад, ки "барои чї?". Писарак мегўяд: - Охир апаам дар синфи сеюм мехонад, аммо ман аз ў бештар медонам ва боњуштарам. Дар танаффус, муаллима ин масъаларо ба директори мактаб, ки ў низ зане буд, мегўяд. Директори мактаб ба ин писарак таваљљуњ мекунад ва ба муаллима мегўяд: - Хуб, писаракро биёр, то имтињонаш кунем, ки саводаш то куљост. Муаллима дар танаффуси дигар писаракро ба кабинети директори мактаб меорад ва директор аз писарак мепурсад: - Ку, бачаљон, бигў, ки се карат се чанд мешавад? - Нуњ, - зуд посух мегўяд писарбача. - Нуњ карат њашт чанд мешавад? - дубора мепурсад директори мактаб. - Њафтоду ду, - даќиќ посух медињад писарбача. Директори мактаб боз чанд савол аз фанњои дигар ба писарак медињад ва ў љавоби дуруст медињад. Директор аз хушњолї дастонашро боло мебардорад ва нидо мекунад: - Бале, ин писарак метавонад дар синфи сеюм бихонад. Муаллимаи писарбача низ хушњол шуда, мегўяд, њоло иљоза бидињед, ман низ истеъдоди бачаро имтињон кунам ва мепурсад: - Писарам, бигў, ки он чист, ки гов чорто дорад, аммо ман дуто? Аз ин саволи ноњинљор директорбону њайрон шуда, абрўвонашро боло мекунад, вале писарак зуд љавоб мегардонад: - По. Муаллима дубора мепурсад: - Писарам, он чист, ки ту дар даруни эзорат дорї, аммо ман дар даруни эзорам надорам? Аз ин савол дањони директор боз мешавад, вале писарак дарњол мегўяд: - Љайб. Муаллима пурсишро идома медињад: - Он чї корест, ки мардњо рост истода иљро мекунанд, занњо нишаста, вале сагњо рўи се по? Директор аз шунидани ин пурсиш дањонаш боз мешавад, вале писарак зуд љавоб медињад: - Бо даст салом кардан. Ва муаллима, ки аз посухњои шогирдаш ќаноатманд буд, пурсишро давом медињад: - Бигў, бубинам, он чист, ки ваќте дарун медарояд, сахту сурх аст, вале ваќте берун меояд, мулоиму часпак аст? Аз шунидани ин савол раги сари директор таранг мешавад, вале писарак бо нармї мегўяд: - Жвачка. Директорбону, ки аз посухњои писарбача њайратзада шуда буд, мегўяд: - Ин писаракро ба синфи 5-ум бибаред. Ман худам ба ин саволњо љавоби нодуруст медодам…

БА ЉОИ 09 - Агар њангоми харид намудан аз маѓоза ё бозорњо њуќуќњои истеъмолии шуморо поймол карданд ва моли харидаи шумо арзишманд нест ё муњлати мањсулоти харидаатон ба охир расидааст, пас метавонед ба Агентии "Тољикстандарт" мурољиат намоед: Суроѓа шањри Душанбе, кўчаи Неъмат Ќарабоев, 42/2. Њамчунин ба шумораи телефонњои зерин метавонед занг занед: Директор: 233 68 69 Муовини директор: 233 61 75 Шуъбаи нозироти савдо: 233 51 67


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (351) 28. 08. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

МАРЗОДИККАКИ АЙНИГЇ Худоё, љони раиси маро гир, аз вазифа сабукдўшаш кун, аз даргоњи ту њамин талабро дорам. Ман њам умед дорам, ки ба курсии раисї нишинам, дуоямро ќабул кун, Худољон! Омин! Ин дуои Мирзодиккак буд, ки Худованд дуояшро ќабул карду ба раисї расид. Албатта, ки раиси яке аз дењањои ноњияи Айнї гардид. Хурсандии Мирзодиккак њадду канор надошт, зеро дар њаёташ Худованд дуояшро як бор ќабул кард ва ў аз паи кор шуд. - Оњ, оњ, вазифа! Ман туро дер боз интизор будам. Ман мардумро дўст медорам, барои мардум кор мекунам, ин орзуи деринаи ман буд. Ман шабурўз дуо мекардам. Охир, мардуми бечора чї гуноњ дорад, ки ин ќадар фиребашон доданд? Баст аст, охир! Кори аввалам, говњоро фурўхта, як фермаи мурѓпарварї мекунам. Эњ собиќ раис ягон гов њам намонд бо 10 - 15 гову бо 10- 12 гўсола мондем - ку! Хайр, илољашро меёбам. Ман раисам, бояд кунам, - гўён Мирзодиккак аз паи фурўхтани гови калхоз гардид. Мирзодиккак говњоро фурўхт, дид, ки маблаѓ кам. Худ ба худ андеша карда, гуфт: - Оњанпорањои мошинњои замони шуравї ба кї даркоранд? Онњоро низ фурўхтан даркор, њатто тарозуи бузурге, ки бо он мошинро бар мекашем - ку, ба љонишинаш хитоб кард. Хулоса, инњоро њам фурўхт, аммо пули фермаи мурѓпарварї тайёр нашуд. Оњиста- оњиста Мирзодиккак чашм ба кисаи мардум менигаристагї шуд, вале илољи пулгириро намедонист. Ба фикр фурў рафт. "Ин мардума ман рўи об набарорам, каси дигар бароварда наметавонад. Ман дар њаёти инњо навгонї ворид мекунам. Аммо чї тавр? Ёфтам! Мавсими заминтаќсимкунист. Барои додани замин 2 баробар зиёд маблаѓ мегирам…" Мирзодиккак ин корро низ кард, хеле мувафаќ шуд. Баъд аз чанде шиками љанобашон хело калон шуд. Бояд Мирзодиккак ин шикамро њамаваќт сер нигањ дорад. Зеро шиками љаноби раис хело калон ва талаботи зиёд дорад. Мирзодиккак ба нушидани шароб завќи беандоза дорад. Дар як рўз бо рафиќонаш на кам аз 10 шиша араќ менўшад. Ваќто, ки маст шавад, ба он шахсоне, ки бо ў буданд, чунон мењрубон мешавад, ки ба кадом њуљљате, ки аз тарафи њамнишинаш пешнињод шавад, имзо мегузорад. Хонандаи азиз, сухан ба дигар тараф рафт. Гўш кун. Баъди пули заминро 2 баробар гирифтан мардум

аз ин рафтори Мирзодиккак хабар ёфтанду каме љаноби раисро хафа карданд. Кори хуб накарданд, охир, раис фабрикаи муѓпарварї мекушояд - ку. Мирзодиккак масъалаи мурѓро як тараф монда, 45 сар буз харид ва ба сањро равон кард. Ња, сањро, ќариб 100 гектор замини лалмї, ки бештар аз 10 њазор кеб ё 30 њазор банд алаф медињад, албатта, ки ин њам замини калхоз аст ва раисаш Мирзодиккак. Њозир ваќти пулљамъкунии Мирзодиккак аст. Худо "додагї" барин, бисёртари ваќт маст њатто дар сањро алафњое, ки хўроки раис, эъ мебахшед, ризќи говњои мардуманд, хушк гашта истодаанд, љаноби Мирзодиккак парвое надоранд. Се сол мешавад, ки Мирзодиккак раиси дења дар тўли се сол хело корњои аљиб кард, ба мисоли 2 бех нињоли арча шинонд ва 1 булдозири давраи шўравиро таъмир кард. Касе агар ба Мирзои дењ "ту чї кор кардї?" - гўяд љавоби арзанда медињад: "Э ман ду бех арча шинондам, кадом раис ин корро кард - а?" - гуён љавоб медињад. Воќеан, љавоби мувофиќ медињад, ки маълум аз худи Мирзодиккак аст. Як хислати хуби раисро фаромўш кунам ќариб. Раиси русто ваќти сањро мардумро гуфт, ки шумо алафи сањроро даравед, агар сад банд алаф шуд, 50 банд аз они худатон, 50 банд аз они калхоз. Ва дар охир каллаи Мирзодиккак боз ба кор даромад, ки 50 банди алафи калхозро низ ба мардум фурўшад. Бо нархи арзон. "Њарчи бошад, пул мешавад", - гуён ин корро низ кард, ки танњо њамин кораш писанди мардум гашт. Соли 2011 ќарзи калхоз 116 њазор сомонї буд, ба шарофати љаноби Мирзодиккак ба 124 њазор сомонї расидааст. Њоло он, ки мардум сариваќт андози сањми заминро месупоранд. Як сотих замин 6,50 сомонї мебошад. Ин ќарз аз кадом њисоб, номаълум, танњо раис медонад. Агар як калхози хурд ин кадар ќарздор башад, пас дигар корхонањои давлат чї гуна бошанд-а? Ё фаќат Мирзодиккак каме ќарздор бошад - мї? Аслан Мирзодиккак пайравї ба раисони ќаблї менамояд, ки ин, ба ќавле, пайравї ба гузаштагон аст. Мирзодиккак ин дењро чунон кард, ки… Њоло ба андешаи он, ки чї гуна курсиро супорад. Боз ба Худо илтиљо мекунад: Худоё, ман барои халќам њарчи аз дастам омад, кардам! Хело ризќамро додї. Акнун ин балоро аз сари ман дур кун!

- Пули заминро наовардї?

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Ѓайбулло АФЗАЛОВ, раиси вилояти Хатлон: - Ба ягон ќонуншиканї роњ надињед. Мардуми њуќуќи интихоб кардан, интихоб шудан ва ба кї овоз доданро донад. Дар давоми 21-22 сол ба халќ хизматњои Љаноби олиро, ки чи кор кард, куљоро обод кард, ба халќ хизмат кард, дар паллаи тарозу монда гап занед. - Ана инро саводу ана инро масъулияту садоќат мегўянд! Њой, политтехнологњои оппозитсия! Ёд гиред ин хел корњоя. Дидед-ња, садоќатро, њатто ваќти суруди "шаб ба хайру ёру дўстон шаб бахайр..." мансабдор мисли булбул месарояд-е.

Мањдї СОБИРОВ, корманди МТС: - Барои амалї шудани ин наќшањои стратегї боз худи Эмомалї Рањмон лозим аст. Агар нафари дигар ояд, бо наќшањои худ ва командаи худ меояд, ки то сарњисоби корашро меравад, ваќти зиёд мегузарад ва рушди кишварро бозмедорад. -Рост, 20 сол барои наќшакашї, 20 сол барои руйбардоркунї аз сиёњнавис ва 20 соли дигар барои амалї кардани наќшањо ваќт бояд дод... Баъди 60 сол, њастем ё нестем, моро ба сарњисоби пирони барљомонда чи кор?!

Патрисия ФЛОР, намояндаи махсуси Иттињоди Аврупо: - Иттињоди Аврупо Тољикистонро ба интихоботи озод, одилона ва шаффоф даъват мекунад. Ман бори дигар ин паёмро расондам, ки нахуст аз тарафи рањбарони Иттињоди Аврупо дар љараёни сафари президент Рањмон ба Бруссел дар моњи апрел баён шуда буд. -Апаи Патрисия худатонро зиёд ѓам надињед, о, ваќте гапи апаи Азизамоњ намегузарад, гапи шумо чи хел мегузаштааст?!

Абдурањим ХОЛИЌОВ, раиси Кумитаи дин: - Мо, албатта мусалмонем ва намоз мегузорем, лекин ба ќонуни мењнат арљ гузорем, шумо бубинед, њатто дар "Хонаи Худо" як гуруњ барои риояи тартибу низом росто меистанд ва дигарон намоз мегузоранд, вазифаи худро дуруст иљро кардан њам ибодат аст. - Хелењо ба мусулмонї ва намозгузории шумо, албатта шубња доранд, аммо гўед, ки мисоли овардаи шумо ба манъи намозгузорї дар коргоњу муассисањои давлатї чї рабт дорад?

Њикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, сухангўи ЊНИТ: - Роѓун, ин як масъалаи бањси калидии љомеаи Тољикистон мебошад. Ин гуруње, ки ба интихобот меравад, наметавонад дар бораи ќазияи “Роѓун” њарф назанад. - Агар гуруњ то интихобот нарасад-чї?!

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Нигох №23 (351) Чоршанбе, 28-уми августи соли 2013  

100 рўзи зиндонии Зайд Саидов: аз шоъеот то њамоќат?

Advertisement
Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you