Issuu on Google+

Ќиёми гапро бигўем Вокуниши муовини якуми раиси вилояти Суѓд ба маќолаи интиќодии нашрия

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

1

САЊИФАИ 13

№1 (383). Чоршанбе, 26-уми марти соли 2014

Мањбуси сиёсии №1 - и Тољикистон 55 умин солгарди умрашро дар зиндон истиќбол кард...

ПОРТРЕТИ СИЁСЇ

Сиёсати мустаќили Њољї Акбар Тўраљонзода САЊИФАИ 5

ЊУЌУЌИ СОЊИБКОР

Кодекси мухолиф - 2 САЊИФАИ 4

Умеди Зайди зиндонї ЊУШДОР БА ОИЛА

358 млн. доллар пора ба духтари президент САЊИФАИ 11

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ифтихорномаи узбакии Мирзодиккак САЊИФАИ 16

ПИСАРИ ШОЊИ ПАРИЁН Модари сартарош Умед Тешаев, ки сардори мањбаси Кўлобро бо 17 зарби ќайчї куштааст, мегўяд, писарам фарзанди одамизод нест...


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

САРНАВИШТ

ЌИССАИ ПИСАРИ "ШОЊИ ПАРИЁН" Умед Тешаев, сартароши кўлобї, ки ба ќатли сардори мањбаси шањри Кўлоб Умар Ќаюмов муттањам мешавад, эњтимол ба њабси абад мањкум гардад. Парванда нисбати ў, ки тобистони соли гузашта ба 17 соли зиндон мањкумшуда буд, ба суди вилояти Хатлон ирсол шудааст. Наздикони Умед мегўянд, ў бемории руњии ирсї дорад, ки аз тарафи модараш ба ў гузашта, љойи ў табобатхона аст, на мањкама.

доданд. Аммо баъди ду даќиќа, ваќте њуљљатњоро санљида, њадафи омаданамонро фањмиданд, гуфтанд сардор нест ва интизор шуданаш дигар маънї надорад, чун ба гумон аст, ки ба љойи кор њозир шавад.

Њамааш аз чї сар шуд

ИСКАНДАР ГУЛОВ - САРДОРИ СИЗОИ КЎЛОБ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ПИНЊОН ШУД

Њуќуќи Умедро касе њимоя намекунад Феълан Умед Тешаев дар боздоштгоњи муваќќатии тафтишотии шањри Кўлоб нигоњдорї мешавад. Наздикони вай мегўянд, ба ў, ки тобистони соли гузашта барои одамкушї 17 сол зиндонї шуда буд, акнун њукми абад тањдид мекунад. Аз њимояи њуќуќи Умед Тешаев аллакай се вакили дифоъ даст кашидаанд. Адвокатњо сабабњои даст кашиданашонро аз њифзи њуќуќи Тешаев шарњ намедињанд. Аммо, бино ба иддаои наздикони Тешаев, адвокатњо ба онњо иќрор шудаанд, ки аз бањс дар ин парванда натиљаи мусбатеро интизор шудан маънї надорад. Як нафари онњо њатто гуфтааст, ки собиќаи кории кифояро дар маќомоти милиса дорад, то дигар бо онњо сари кор нагирад. Масъулини СИЗО-и Кўлоб имкони дидорбиниро бо Умед ба наздиконаш намедињанд. Танњо бо мудохилаи чанде аз ташкилоти њифзи њуќуќи инсон ва мубориза бо шиканља, ба модар ва таѓои Тешаев иљозат додаанд, ки писари мањбус ва гумонбарашонро бубинанд. Онњо мегўянд, як њафта ќабл, 15-уми март тавонистаанд Умед Тешаевро дар ињотаи милисањои мусаллањ ва бо дастони баста бубинанд. Хабаре, ки ба наздикони Умед Тешаев дар бораи мавриди шиканљаи

шадид ќарор гирифтани ў расида буд, тасдиќ шуд, -мегўянд онњо. -Мегуфтанд, ки ангуштони Умедљон аз кор бозмондаанд ва гўши чапашро буридаанд. Мо аз дур дидем, ки гўши чапи ў воќеан пайи бурида дошт ва дорумолї шуда буд. Шояд гўшњояшро бо анбур канда бошанд, барои ин чиз номаълум аст, сару рўяш кабуд буд. Ба мо гуфтанд, ки гўшашро ба девор задааст. Мо ба ин бовар намекунем, агар гўши ўро набурида бошанд, чаро мо 20 рўз пеш аз ин воќеа хабар ёфтем, -мегўянд наздикони Умед. Умед Тешаев бо дидани модар ва таѓояш њарфе нагуфтааст: "Дастонашро ба пушташ гардонда, завлона зада буданд. Моро диду танњо гиря кард, ки мо аз њамин фањмидем, ў моро шинохт. Аз шиканља шуданаш хеле ваќт гузаштааст ва ўро дорумолї кардаанд, мо наметавонем гўем, ки ў ба чї азобу уќубатњо гирифтор будааст, аммо њарфе нагуфт, танњо оби чашмашро дидем", -мегўяд таѓои Умед, ки барояш ба љойи падар будааст. Дар тавќифгоњи тафтишотии ЯТ 9/ 4-и шањри Кўлоб ќазияро шарњ намедињанд. Нисфирўзии 20-уми марти соли љорї, ваќте мо вориди ин муассиса шудем, дарбон гуфт, ки сардори муассиса Искандар Гулов дар њуљраи корияш аст. Мошини сардор, ки пушти дар меистод, далели дигари њамин буд. Моро ба муассиса бемалол рањ

Ба иттилои Вазорати корњои дохилии Тољикистон Умед Тешаев, соати 15:40-и 16 феврал дар утоќи кории полковник Умар Ќаюмов, раиси зиндони Кўлобро куштааст: "Мањбус Умед Тешаеви 30-сола, ки ќаблан ба њайси сартарош кор мекард, њангоми ба тартиб даровардани мўйи сари сардори зиндон бо ќайчии дар дасташ буда, як бор дар ќисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ў зарба задааст. Дар натиља Ќаюмов зарари вазнини љисмонї бардошта дар роњ ба беморхона љон бохтааст. Умед Тешаев ќаблан бо њукми Суди вилояти Хатлон барои содир намудани љинояти куштор ба муњлати 17 соли зиндон мањкум шуда буд: "Мањкумшуда санаи 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноќишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд зада, дар натиља љабрдида дар љойи њодиса ба њалокат расидааст." Наздикони Умед Тешаев ќазияро ба таври дигар шарњ медињанд. Онњо мегўянд, ин нафар ду сол пештар аз Умед, ки њамчун сартарош нафарони зиёд ва касбу кори гуногунро мешинохт, дархост карда будааст, ки нафареро аз дўстон ё шиносњояш барои ба ќарзи бофоиз додани 10 њазор доллар маблаѓаш тавсия кунад. Њамин тавр бо миёнаравии Умед Алиев 10 њазор доллари маблаѓашро ба нафари сеюм бо фоиз ќарз дода, баъди он ки ин нафар аз пардохти фоиз даст кашида, ќарзи ўро бозпас гардондааст, ки пардохти фоизњоро аз Умед талаб кардааст. Баъди як муноќиша бо Умед ин нафар бо корд ба сартаршхонаи Умед дар шањри Кўлоб њозир шуда, дар пайи муноќиша ба њалокат расидааст.

«

Расман маќомоти корњои дохилї ќазияро шарњ намедињанд, бинобар ин айни њол љузъиёти фарзияи расмї дар ин ќазия нормаълум боќї мемонанд.

Писари "Шоњ" Модари Умед Тешаев мегўяд, писараш дар суњбат бо адвокат Файзинисо Акрамова гуфта будааст, ки сардори муассисаро накуштааст, балки Абдурасул Алиевро ќайчї задааст. Мушкиниссо Эргашева мегўяд, Умедро дар як замон бо Зулайхо Эргашева дар таваллудхонаи Кўлоб таваллуд кардааст ва њоло ин хонум шоњиди зиндаи њодисоти он рўзњои пасисаркардаи ўст, ки муддати як њафта ба ў писарашро нишон надодаанд, зеро "шоњ" (љинњо ё париён) фарзандашоро бо худ (барои нишон додан ба падари аслияш) бурда будаанд. Баъди суњбат бо Мушкинисо Эргашева, ки дар назари аввал як зани оддии дењотии тољик аст, ба бемории руњї, доштанаш, ё ба ибораи мардумї паривара буданаш шубњае боќї намемонад. Бояд гуфт, ки Мушкиниссо Эргашева ба дидор бо журналистон омодагї дида, њатто ќиссаи ба беморї гирифтор шуданашро њам дар чор вараќ иншо кардааст. Њусни хаташ чунон зебо аст, ки кас гумон намекунад, ки инро бемор, ё паривара навишта бошад. Вай хатмкардаи омўзишгоњи тиббии шањри Кўлоб аст. Чанд сол дар таваллудхона кор кардааст. Номњои нафарони реалиро мегирад, ки ба тањќиќи ин ќазия бояд ваќту диќќати бештаре сафр шавад, ки оё гуфтањои ин зан то кадом андоза воќеият доранд. Барои мисол, њарчанд њамаи он чиро, ки Мушкинисо Эргашева навиштааст, ин љо наќл кардан номумкин аст, ў бовар дорад, ки аз шаш фарзандаш њамагї ду нафари онњо аз њамсараш Сафархон аст, ки баъди дидани се "мард" аз тирезаи хона ба зарпарвин дучор шуда, њалок шудааст. Мушкинисо Эргашева мегўяд, "дар як замон бо Зулайхо Њаќназарова (муовини раиси

Умед Тешаев ќаблан бо њукми Суди вилояти Хатлон барои содир намудани љинояти куштор ба муњлати 17 соли зиндон мањкум шуда буд: "Мањкумшуда санаи 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноќишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд зада, дар натиља љабрдида дар љойи њодиса ба њалокат расидааст."

«


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

ХОЛАИ МУШКИНИСОБАР ОН АСТ, КИ ЊАНЎЗ АЗ 14 СОЛАГЇ АЗ ЉОНИБИ ШОЊИ ПАРИЁН РАБУДА ШУДА БУД...

шуъбаи Њизби халќї демократии Тољикистон дар Кўлоб - Ф.Р.) Умед Тешаевро таваллуд кардааст". Ў мегўяд: "Сафархон (њамсараш- Ф.Р.) аз тиреза дидааст, ки се мард, ки пояшон ба замин ва сарашон ба осмон мерасид, ба бемории зарпарвин дучор шуда, вафот кардааст. Вай дар суњбат бо мо наќл кард, ки: "...бо дугонаам Сафаргул дидем, ки тўй буд, њама раќсу бозї доштанд. Сафаргул њам сархуш шуд ва раќс кард... зане дасти маро дошт ва гуфт, ки ист. Ман бењуш шудам, вале медидам, ки чї рух

медод. Шоњ дар минбар буд. Њамроњи ў модараш буд, гўё Сафаргул, дугонаи маро пора мекарданд, доду фарёди ў баланд шуд ва ман доду фарёд кашидам, ки дугонаам њалок шуд... Њуш аз сарам парид, бењаш будам, вале ин њама сањнаро медидам. Он зан маро дошт, шоњ фармон дод, ки маро нигоњубин кунанд, то маро ба занї гирад. Ба ман сурањои Ќуръони Каримро ёд доданд. Дар деворњои хона сурањои Ќуръонро менавиштанд ва ман аз худ мекардам. Њоло чанд хешу табори ман бемории руњї доранд ва дар ба дару

бесоњибанд, аммо ман, ки падарам ба ман хуб нигоњубин кард, дар хонаи падарам зиндагї дорам, фарзандонамро бародаронам калон карданд. Фарзандони ман бародарамро падар гуфтанд. Хулласи калом, ман бо дастгирии падар ба донишкадаи тиббї шомил шудам, хондам ва дар таваллудхона кор кардам. Ваќте ба шавњар баромадам, шаби аввал маро назди шоњ бурданд ва маро ба шоњ никоњ карданд, ба худ омадам, ки аз байн се сол гузашта буд ва ман дар девонахонаи Кўлоб бистарї будам..." Оре, Мушкиниссо Эргашева, таъкид мекунад, ки дар беморхонаи беморињои руњии шањри Кўлоб ба ќайд гирифта шудааст, ки бояд мавриди тањќиќи пурра ќарор дода шавад. Вай мегўяд: "Ваќте писараш Умедро таваллуд кардааст:"ў њамагї 2 кг 850 г. таваллуд шуда, дар шикамаш 20 литр об љамъ шуда буд." Њаќназарова шоњид аст, ки ба ман як њафта тифламро нишон надоданд, ман фарзандамро як њафта намаконда будам. Баъди як њафта, ман дар роњрав як њамшираро дидам, ки либосњои сабз ба бар дошт ва ба ман гуфт, ки "Мушкинисо, писаратро бигир!". Ман хостам аз ў пурсам, ки писарам куљост, аммо вай ба гурбаи сиёње мубаддал шуду рафт... Ман писарамро дидам. Ваќте ба ман писарам - Умедљонро доданд, ў бисёр зебо ва сап-сафед буд, ўро макондам, баъди як њафта,ки ў назди "шоњ" буд. Рафта пурсед аз Њаќназарова вай њанўз барњаёт аст, шукри Худо... Баъд Умед калонак шуд. Рўзе кўдакон оѓилхонаи моро оташ заданд. Оташбозї карданду оѓилхона оташ гирифт ва шиферњое, ки падарам нав харида, мехостанд, бом пўшанд, њамагї оташ гирифтанд. Оѓилхона пурра ба коми оташ рафту Умеди ман, ки њамагї се-чор сол дошт дар коми оташ монд. Аммо ягон љойи ў оташ нагирифт. Ў аз оташ берун омад ва ягон љояш насўхта буд. Ин нишона буд. Ўро њифз карда буданд, фаќат дар пояш, пайи сўхта буд, ки наќши морро дошт. Инро њам метавон санљид, ки то њол дар пояш изи сўхта боќї мондааст, ки наќши морро дорад..." Мушкинисо ин њамаро наќл мекунаду ба гуфтањояш бовар дорад. Вай худро девона намењисобад. Аммо мегўяд, бемории ў руњї аст. Вай ба будани ќуввањои мовароуттабиї ва хориќулодда бовару эътиќод дорад. Барои мисол, ў мегўяд, ваќте писараш таваллуд шуд, Умедро барои он пеши "шоњ" бурдаанд, ки номгузорї кунанд. Аммо вай ба мо гуфта натавонист, ки Умедро "падараш" - "шоњ" чї номгузорї кардааст, зеро "(бино ба наќли модари Умед Тешаев, париён ё љинњо - Ф.Р.) ба ў ифшо кардани инро иљозат намедињанд). Мо барои ёфтани хонаи Умед Те-

3

шаев, душворї кашидем, чунки ањли дењаи Хирмани Кўлоб , ки бемории руњї доштани Мушкинисо Эргашеваро тасдиќ мекунанд, ўро на Умед, балки Ѓайрат меноманд. (Умед номи њуљљатии ўст, аммо бобояш ўро Ѓайрат номидааст ва бинобар ин ўро дар дења њамчун Ѓайрат мешиносонд. - Ф.Р.) Мушкиниссо Эргашева мегўяд, њоло Умед соњиби се фарзанд аст. Фарзанди сеюмашро њамсари Умед зуд, баъди њодисаи куштори сардори муассисаи ислоњии шањри Кўлоб таваллуд кардааст. Аммо ин фарзандон њам аз њамсари дуюми Умед мебошанд. Њамсари аввали Умед вафот кардааст ва модари Умед бовар дорад, ки дар марги келинаш ќуввањои хориќулодда даст доштаанд. Вай наќл мекунад, ки: "Њамсари аввалашро ваќте овардем, шаби аввал мо дар берун дар суфа хоб мекардем. Умед ними шаб ба берун омада, аз ман хоњиш кард, ки дар хонаи берун хоб кунам. Ваќте сабаб пурсидем, гуфт, ки: "Як одам омад, ки ба хирс монанд буд, аммо хирс набуд ва ман бо ў зўр овардам ва ў рафт, то боз ояд ва маро ором намегузорад, мисли барги бед меларзид. Ман дар хонаи берун хоб мекардам, то Умед натарсад. Баъдтар, шабе њамсарашро касе бо овози бузмонанд, ба берун фарёд кард ва арўс берун рафт. Аз пасаш рафтам ва арўсро дар назди ошдон дидам, ки танњо менишаст. Гуфтам, ки: "Арўс чаро ин љо мешинї?" Гуфт: "Њичї!" ва хона даромад. Шаби дигар боз чунин шуд, дар дуртар менишаст ва баъди он ки ман ба хона даро гуфтам, ба љойи хобаш баргашт. Аммо шаби сеюм ваќте касе ўро ба берун даъват кард, натавонистам аз пасаш берун равам, чунки маро занљирбанд карда буданд. Дар поси шаб арўс ба хона, ба љойи хобаш баргашт... Аммо баъдтар зарпарвин шуду аз олам гузашт... баъди чанде фарзанди шашмоњааш аз олам гузашт...", мегўяд Мушкиниссо Эргашева. Албатта, њар кас шояд воќеан њуќуќ дорад ба ин чиз бовар кунад, ё накунад, бо асосњои кофии худ. Њоло Умед Тешаев аз њамсари дуюмаш се писари ноболиѓ дорад. Модар ва таѓоњояш, ки барои Умед Тешаев ба љойи падараш будаанд, кирдори содиркардаи ўро иќроранд ва мегўянд, Умед дар њаќиќат гуноњи сахт содир кардааст. Онњо њамчунин ба назар мегиранд, ки Умар Ќаюмов воќеан дар Кўлорб шахси номдор ва шинохтае будааст. Аммо онњо ба њар њол бар ин назаранд, ки Умед Тешаев бемории руњї дорад, ки аз аљдоди модараш ирсї ба ў гузашта, љойи ў на мањкама, балки табобатхона аст. Инро тафтишот ва суд бояд ба инобат гиранд, итминон доранд онњо. Фаридун РАЊНАВАРД, Душанбе- Кўлоб -Душанбе

ВАЗИФАИ НАВИ ДОМОДИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН Ашраф Гулов, сардори Раёсати андозсупорандагони бузурги Кумитаи андози Тољикистон ва домоди Президент Эмомалї Рањмон аз вазифа барканор шуда ба вазифаи дигар сардори Раёсати аудити њамин кумита таъйин шудааст. Дар ин бора ба TojNews аз Кумитаи андози назди Њукумати Тољикистон иттилоъ доданд. Ба љойи Ашраф Гулов, ба вазифаи сардори Раёсати андозсупорандагони бузурги Кумитаи андоз Бахтиёр Муњаммадљонов таъйин шудааст. Ашраф Гулов шавњари Парвина Рањмо-

нова, духтари панљуми сарвари мамлакат аст, ки аз соли 2011 то кунун дар ин вазифа фаъолият мекард. Раёсати андозсупорандагони калони Кумитаи андоз соли 1999 ташкил шуда, андозбандии ширкатњои бузурги Тољикистонро назорат мекунад. Гул Шералї, падари Ашраф Гулов аз соли 2006 то моњи ноябри соли гузашта дар вазифаи вазири энергетика ва саноати Тољикистон кор мекард. Вай бо фармони Президенти Тољикистон бо сабаби ба нафаќа баромаданаш аз ин маќом барканор шуд.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

ДАР ЊИФЗИ СОЊИБКОРЇ Ба пешвози Паёми навбатии Президенти Тољикистон ба Маљлиси Олии ЉТ

Кодекси мухолиф - 2 Манфиати андозсупорандањоро чї тавр Кодекси андоз "фаромўш" кардаасту маќомоти андоз љои хешутаборбозї гаштааст? Чанде пеш њафтаномаи "Нигоњ" бо такя ба моддаи 5-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадњои меъёрии њуќуќї ва лоињањои санадњои меъёрии њуќуќї" аз 28-уми декабри соли 2012, №925 рољеъ ба мутобиќат накардани баъзе санадњои меъёрии њукуќї, аз љумла Кодекси андоз ба Сарќонуни ЉТ, ки њамчун омили ба вуљуд оварандаи њолатњои коррупсионї арзёбї мешаванд, маводи тадќиќотиву тањлилиеро манзури хонандагон карда, ваъдаи баррасии коршиносонаи баъдї дода буд. Инак, мо тадќиќоти худро вобаста ба мухолифати моддањои гуногуни Кодекси андоз ва Кодекси љиної идома дода, бањси наверо рољеъ ба ин мавзўъ манзури хонандагон мегардонем ва бањри бартараф намудани мушкилоти ба амал омада, таклифњои мушаххасеро ироа месозем. Зеро президенти кишвар Эмомалї Рањмон њанўз соли 2010 дар паёми худ ба парлумон гуфта буд, ки: "Низоми андозбандї дар кишварамон то андозае мураккаб буда, таќозо дорад, ки мухолифатњои дар он мављуда бартараф карда шаванд". Маќсад аз тањия ва ќабули кодекси нав мањз бартараф намудани мухолифатњои Кодекси андоз бо Сарќонун ва сабукї бахшидан ба сармоягузорону соњибкорон буд. Вале ба назар мерасад, ки дар кодекси нав ба ќавли Сўњроб Шарифов, "њадафи Президент фаромўш шудааст" ва омўзиш нишон дод, ки мухолифати меъёрњо дар Кодекси нав на танњо бартараф карда нашуданд, балки бештар шуданд.

Омилњои пайдоиши фасод дар маќомоти андоз Аз ахбори тайи рўзњои охир дар васоити ахбори омма ба табъ расида бармеояд, ки фаќат дар ду соли охир нисбати 29 нафар кормандони масъули маќомоти нозироти андоз бо аломати љиноятњои хусусиятњои коррупсионї дошта, парвандањои љиноятї оѓоз карда шудаанд ва ин њолатњо боиси то њадде коњиш ёфтани нуфузи эътибори маќомоти андоз дар љомеа шудааст. Омўзиши Кодекси андоз ва дигар санаду њуљљатњои њуќуќї нишон медињад, ки ба мушкилоти мазкур мо бояд на њамчун мушкилоти фардии корманди боздоштшуда, балки њамчун омили аз номукаммалии санадњои меъёрии њуќуќї бароянда нигањ кунем. Зеро Кодекси андоз ба ќонунтатбиќкунанда, яъне маќомоти андоз салоњияти беандоза зиёди тибќи хости худ татбиќ намудани ин ва ё он воситаи таъсиррасонии њуќуќиро нисбати андозсупоранда додааст, ки салоњ нест. Яке аз заминањои бавуљудоии коррупсия дар маќомоти андоз, ба андешаи мо, мањз њамин ихтилофњо, истисноњо, мухолифатњо, номутобиќатињои дар санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла дар Кодекси андоз љойдошта ба њисоб мераванд, ки ба ќонуни асосии кишвар ва дигар санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон мухолифат доранд. Зеро мањз њамин номутобиќативу номуайяннињо дар дохили худи санадњои меъёриву њуќуќї ва дигар ќонунњо,

дар баъзе мавридњо њатто сабаби мадди назар намудани тартиби судии њалли бањсњо гардидаанд. Ба бархе аз масъалањо пешбинї кардани тартиби истисної ё афзалиятдоштаи ѓайрисудии њалли бањсњо, љой доштани меъёрњои зиёди њаволакунанда дар санадњои меъёрии њуќуќї, аз зумраи омилњое мањсуб мешаванд, ки заминаи ба вуљуд омадани коррупсия ва ба кирдорњои коррупсионї даст задани бархе аз масъулини маќомоти зидахл, яъне Кумитаи андозро гузоштаанд.

Њуќуќњое, ки Кодекси андоз аз соњибкорон гирифтааст Омилњои субъективї ба ин њолат оварда расонидаанд, ки татбиќи бархе аз меъёрњои дар ќонунњо, бахусус кодексњои андозу љиноятї ба соњибкорон њуќуќ намедињанд, ки аз њуќуќњои конститутсионї ва ќонунии худ, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи њимоя ва дастгирии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон" ба онњо додааст, истифода бурда, барои њимояи њуќуќу манфиатњои худ ба суд мурољиат намоянд. Зеро дар кодексњои андоз ва љиноятї меъёрњои њуќуќие љой доранд, ки ба маќомоти дахлдори њуќуќтатбиќкунанда њаќ медињанд, то тибќи салоњдиди худ амал кунанд. Њатто агар он амал, барои "ба даст овардани манфиатњои пулию молї ё дигар имтиёзу бартариятњо" роњандозї шуда бошад њам, њуќуќњои ќонунии соњибкоронро нодида гирифта, меъёрњои ќонунро аз рўи хости худ тафсир ва татбиќ менамоянд. Дар натиља ба зиммаи андозсупоранда иљрои ўњдодорињое меафтад, ки агарчи "шакли ќонунї" доранд, дар асл ѓайриќонунї буда, баъзе аз андозсуп��рандаро ба муфлисашавї мерасонанд. Чунончи, дар банди 2-и моддаи 82-и Кодекси андози Тољикистон омадааст: "Боздоштани маблаѓи пардохти њамаи ўњдадорињои андоз ё як ќисми он вобаста ба баррасии шикоят андозсупорандаро аз пардохти фоизњо барои сари ваќт нагузаронидани маблаѓ ба буљет, аз љумла фоизњое, ки дар давраи санади пешнињоди шикоят то ќабули ќарор њисоб шудааст, озод намекунад". Яъне, агар андозсупоранда дар сурати ба ќарори маќомоти андоз мухолиф будан ва аз болои он ба суд мурољиат намудан, нахуст бояд новобаста ба ќонунї будан ва ё набудани он њукми маќомоти андозро иљро намуда, баъдан ба суд мурољиат намояд. Дар эзоњи моддаи 292 - и Кодекси љиноятии ЉТ муќаррар шудааст: "Шахсе, ки кирдорњои дар моддањои 292 (саркашї аз супоридани андозњо ва (ё) пардохтњо аз шахси њуќуќї) ва моддаи 293 (саркашии шахси воќеї аз пардохти андозњо ва ё пардохтњо) њамин Кодекс пешбининамударо содир намудааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар: - ин кирдорњоро бори аввал содир намуда, маблаѓи андозњо ва ё пардохтњо, фоизњо ва љаримањоро дар мўњлати сї рўзи корї пас аз ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз пурра супорида бошад ва ё ин кирдорњоро такроран содир намуда, маблаѓи андозњо ва (ё) пардох-

тњо, фоизњо ва љаримањоро дар мўњлати дањ рўзи корї пас аз ќабули ќарори дахлдори маќомоти андоз супорида бошад".

Кодекси андоз эњтимолияти "бегуноњї"-ро сарфи назар мекунад Дар раванди тањия ва ќабули меъёрњои Кодекси андоз мављудияти принсипи "эњтимолияти бегуноњї"-и дар моддаи 20 Конститутсияи ЉТ муќарраргардида на танњо ба инобат гирифта нашуда, балки сарфи назар гардидааст. Бинобар ин, бар хилофи меъёри конститусионї дар масъалаи марбут ба маблаѓи андозњо, пардохтњо, фоизњо ва љаримањо ва ќарори оид ба ин масъалањо ќабулшаванда, кодексњои андоз ва љиноятї, њуќуќњои "истисної" доштан ва "њаќ" будани маќомоти андозро "эътироф" карда, андозсупорандагонро пешопеш "ноњаќ"-у "ўњдадор" арзёбї мекунад. Меъёри мазкури Кодекси андоз ба ин васила "њаќ" доштани соњибкоронро љињати њимояи њуќуќу манфиатњои ќонуниашон дар марњилањои судї зери суол мегузорад, ки ин низ худ заминаи ба вуљуд омадани омилњои коррупсионї дар соњаи андоз шудааст. Меъёрњои зикршудаи Кодекси андоз муќаррар накардаанд, ки агар андозсупоранда далел дошта бошад, ки маќомоти андоз маблаѓи андозњо, пардохтњо, фоизњо ва љаримањоро нодуруст њисоб карда, оид ба ин масъала ќарори ѓайриќонунї

ќабул карда бошад, ё худ беасос санљиш гузаронида бошад, барои бекор кардан ва ќатъ намудани ќарори ѓайриќонуни маќомоти андоз чї гуна ба суд мурољиат кунад? Кодекси андоз дар ин маврид мушаххас накардааст, ки масъалаи аз љавобгарии љиноятї озод кардани андозсупоранда супоридани маблаѓи андозњо, пардохтњо, фоизњо ва љаримањои ѓайриќонунї њисоб кардашуда ба кадом тартиб ва дар кадом мўњлат њал карда мешавад ва оё њамчунин асоси њуќуќї вуљуд дорад? Боби 12-и Кодекси амалкунанда, махсусан моддањои 72, 73, 74, 75, 76, 77, 78; боби 13-моддањои 79, 80; боби 14, ќисмњои 1,2,3,4,5,6,7,8,9,10,11 ва моддаи 81 низ тартиби њалли ин таззоди њуќуќиро пешбинї накарда, заминаи гуногунфањмї ва фаќат аз мавќеи маќомоти андоз њал намудани бањсро ба танзим дароварда, манфиати андозсупорандаро фаромўш кардааст. Яъне, ќонунгузор дар Кодекси андоз ба таври мушаххас ва бебањс муќаррар накардааст, ки дар њолати бо ин асосњо ба суд мурољиат кардани андозсупоранда, барои бекор кардани ќарори дахлдори маќомот, масъалаи аз љавобгарии љиноятї озод кардани андозсупоранда бо кадом тартиб, дар кадом мўњлат ва аз љониби кадом маќомот њал карда мешавад? Боиси зикр аст, дар њолати ба суд мурољиат кардани андозсупоранда барои бекор кардан ва ќатъ кардани ќарори ѓайриќонунии маќомоти андоз ё барои љуброн намудани зиён ва зарари аз амал ва

14


ПОРТРЕТИ СИЁСЇ (Идома аз шумораи гузашта)

Дар интихоботи 24-уми ноябри соли 1991 президент Рањмон Набиев наздики 60 дарсади овозњоро соњиб гашт. Раќиби ў, номзади иттињоди демократњову исломињо Давлат Худоназаров каме бештар аз 30 дарсади овозњоро ба даст овард. Баъди як њафта, рўзи 2-юми декабр Р. Набиев савганди президентї ёд карду Сафаралї Кенљаев раиси Шўрои олї интихоб гардид, аммо иттињоди мухолифин расман эълон доштанд, ки дар оппозитсияи онњо ќарор мегиранд. Дар чунин шароит, ибтидои соли 1992 њољї Акбар Тўраљонзода дар як мусоњиба зери унвони "Бандаи Худо бошед, на бандаи њокимон" гуфт, ки парлумони Тољикистон аз камбудињо холї нест, вале њоло мављудияти он ба нафъи кор аст. Ба андешаи ќозикалон, парлумон яке аз сутунњои бисёр заиф њам бошад, то андозае нигоњдорандаи демократия аст. "Дар њаќиќат, касоне, ки дар ваќташ ќонун дар бораи интихобот эљод намуда буданд, ќонуне навиштанд, ки он бояд кор накунад. Яъне, ба онњо парлумоне даркор буд, ки каме аз парлумони собиќ фарќ кунад, вале дар айни замон парлумони корї набошад"- таъкид дошт мавсуф. Ин изњороти њољї Акбар Тўраљонзода, ки яке аз пешвоёни иттињоди мухолифин њисоб мерафт, дар миёни муттањиддини ў норозигии зиёдеро ба вуљуд овард, зеро ў дар вазъе љонибдории худро аз парламент эълон кард, ки лидерони оппозитсия, яъне муттањиддини ў зери фишори шадид ќарор гирифта, аз болои бархеашон њатто парвандаи љиноятї ифтитоњ шуда буд. Дар лагери мухолифин ба ин назар буданд, ки таъќибгари асосии онњо раиси Шўрои олї С. Кенљаев аст. Ба њар сурат, яке аз пешвоёни њаракати демократї дар љумњурї Миррањимовро шахсан худи раиси парламент С. Кенљаев барои тањќиру тўњмат ба додгоњ кашида буд. Дар њоле ки пешвоёни оппозитсия зери фишори ќарор гирифта буданд, њољї Акбар Тўраљонзода дар њамон мусоњибаи худ эълон дошт, ки "сиёсати ман мустаќил аст. Ба ягон ањзоб пойбанд нестам. Ман дидгоњи худро дорам дар њалли машокили мављуда". Мирбобо Миррањимов дар маќолаи худ "Оё Тољикистон дар пешорўи инќилоб аст?", ки бањори соли 1992 чоп шуда буд, љанбањои мусбати фаъолияти њољї Акбар Тўраљонзодаро дар тайи ин 3 соли гузашта зикр кард, ки фаъолияти ќозикалонро якљониба шарњ додан душвор аст. Ў дар ин маќолаи худ ишора ба он кард, ки баъзе андешањои ќозї-домулло дар гузаштаи наздик таъсири баръакс низ додааст. Ба ќавли Миррањимов, њољї Акбар Тўраљонзода дар солњои 1990-1991 доир ба љаноза накардани коммунистон пайравони Ленинро на танњо њушдор дод, балки онњоро муттањид кард ва "болшевикон барои нигоњ доштани њокимияти худ мурданивор љидду љањд карданд". Ба андешаи муаллифи ин маќола, мухолифати ќозї-домулло ба таъсиси ЊНИТ дар тирамоњи соли 1990 низ нофањмињои зиёдеро миёни љонибдорони ин созмони сиёсї ба ба вуљуд оварда буд. Њамчунин, Миррањимов зикр кард, ки љонибдории њољї Акбар Тўраљонзода аз парламенти љумњурї дар зимистони соли 1992 низ ќобили тањсин шуда наметавонист.

"Поп Гапон" кї буд? Мавќеъгирии њољї Акбар Тўраљонзода дар охири соли 1991 ва ибтидои соли 1992 на танњо норозигии лидерони оппозитсия, балки норозигии аксар љонибдорони ЊНИТ ва ЊДТро ба вуљуд овард, зеро баъди 2-3 моњ аз анљоми гирдињамої дар майдони Озодї њољї Акбар Тўраљонзода худро мустаќил аз њама

«

ЌОЗИКАЛОН Сиёсати мустаќили Њољї Акбар њизбу њаракатњо эълон кард. Аммо дар иттињоди мухолифин бисёрињо ёд доштанд, ки ќозикалон моњњои сентябру октябри соли 1991 њамроњи онњо пароканда шудани парламенти коммунистиро талаб карда, Рањмон Набиев ва Сафаралї. Кенљаевро дар табаддулоти давлатї айбдор донист. Гузашта аз ин, дар охирин рўзи гирдињамоии майдони Озодї њољї Акбар Тўраљонзода њушдор дода буд, ки агар њукумат созишномаеро, ки бо миёнљигарии Собчаку Велихов ба даст омада буд, вайрон кунад, мухолифин онро аз байн мебаранд. Њамин мавќеъивазкунии њољї Акбар Тўраљонзода боис шуд, ки яке аз чењрањои маъруфи Њизби демократї Бозор Собир дар њаќќаш шеъри "Поп Гапон" -ро навишта, онро ба њафтаномаи "Адолат"- органи Њизби демократ супорид, вале сардабири он Имомназари Холназар аз чопаш худдорї кард. Солњо баъд ин шоири демократи коммунистшуда шеъри "Поп Гапон"-и худро дар китоби "Хуни ќалам" нашр кард. Поп Гапон, ки шояд насли љавони Тољикистон дар борааш камтар маълумот дошта бошад, аз рўњониёни машњури ибтидои асри 20 дар Русия буд. Ў рўзи 9-уми январи соли 1905 мардумро итминон медињад, ки агар ба назди Ќасри Зимистона раванду аз подшоњ Николаи 2 ислоњот талаб кунанд, вай ин пешнињодро мепазирад. Аммо ваќте ки гирдињамомадагон ба назди Ќасри Зимистона меоянд, онњоро жандармњо, ки аз ќабл омода шуда буданд, тирборон мекунанд. Пас аз ин њодиса Инќилоби якуми рус шурўъ мешавад ва он ќариб 3 сол идома мекунад. Бозор Собир дар ин шеъри худ, ки онро ба пешвои мусулмонони Тољикистон, ќозикалон њољї Акбар Тўраљонзода бахшида буд, аз љумла, менависад: Риш њам дораду бењтар бериш, Сала њам дораду артисти мањоратнок аст. Мекунад њамчу њунарпеша ду чашмаш бозї, Мезанад барќу чароѓак чашмаш, Бехабар мегаравад њам чашмаш. Дина мегуфт пароканда шавад парлумон,

Ин манёврњои ќозикалон дар охири соли 1991 ва ибтидои соли 1992 боис шуданд, ки эътимод ба шахси ў дар миёни њукуматдорон ба маротиб коњиш ёбад. Аз ин рў,.зимомдорони ваќт дар пайи он шуданд, ки идеяи депутат Э. Рањмоновро дар мавриди интихоботи ќозикалон тавассути интихоботи умумихалќї њатман ба роњ монанд.

«

Инак, аз ќањр ќанотак зада мегўяд: На! Дина бо њилаи ў ёфт зафар Кудато, ГКЧП-и раиси шўро Халќро рафту пароканда намуд аз майдон, Оњ, аз ин поп Гапон!

Ќозикалон шарт мегузорад Баъди як моњи чопи ин мусоњибаи Њољї Акбар Тўраљонзода гирдињамоии майдони Шањидон шурўъ шуд. Дар тўли 17 рўз ў дар гирдињамоии ин майдон ширкат накард. Чунон ки худи ќозикалон дар як мусоњиба ба њафтаномаи "Нигоњ" гуфтааст, ваќте ки устодон Нурї ва Њимматзода рўзи дигар наздаш омада, аз ў пурсиданд, ки чаро намехоњад ба мухлисони худ дар майдони Шањидон бипайвандад, посух гуфтааст, ки С. Кенљаев як чиновник аст, агар ў истеъфо биравад, ба љояш чиновники дигар меояд. Ба ќавли њољї Акбар Тўраљонзода, ў ба пешвоёни ЊНИТ гуфтааст, ки аз барои як чиновник ин ќадар зањмат ва ин њама обрўро дар тарозу нагузоранд, зеро ки дуруст нест. Њамзамон бо ин, ќозикалон шарт мемонад, ки агар Нурї ва Њимматзода ду шарташро бипазиранд, ў ба онњо мепайвандад. Якум,ин ки бояд майдони Шањидон масъалаи интихоби парлумони навро, ки бояд доимоамалкунанда бошад, талаб кунад. Дуюм талаби тазоњургарон бояд ин бошад, ки парламент Конститутсияи навро тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул кунад ва низоми парлумониро дар Тољикистон љорї кунад. Чунон ки ќаблан зикр кардем, њољї Акбар Тўраљонзода рўзи 17-уми гирдињамої ба майдони Шањидон пайваст. Ин воќеа баъди он сурат гирифт, ки бархе намояндагони Шўрои Олї дар иљлосияи 13-ум, ки бо фишори тазоњургарон даъват шуда буд, баъди чанд соат аз оѓози кори худ танаффус эълон кард. Дар ин иљлосия теъдоди бузурги вакилони парламент талаб карданд, тазоњургароне, ки аз майдони Шањидон ба назди бинои Шўрои Олї омада буданд, онљоро тарк кунанд, дар акси њол кори иљлосияро ќатъ мекунанд. Бархе депутатњо дар ин иљлосия ба њољї Акбар Тўраљонзода низ њамла оварданд, зеро онњо ќозикалонро коргардони пушти пардаи гирдињамоии майдони Шањидон њисоб мекарданд.

Кенљаев аз "хаймадуздї" хабар меёбад Норозигии коммунистон нисбат ба ќозикалон, чунон ки пештар ишора карда будам, њанўз замони содир шудани фатво дар боари љаноза накардани пайравони Ленин дар То-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

5

љикистон шурўъ шуда буд. Баъдан дар тирамоњи соли 1991 ваќте ки њољї Акбар Тўраљонзода ба яке аз пешвоёни расмии иттињоди мухолифин эълон гардид, ин беэътимодї ба маротиб афзуд. Њарчанд мавсуф дар ибтидои соли 1992 эълон дошт, ки "сиёсати ман мустаќил аст" ва "ба ягон ањзоб пойбанд нестам", дар њамин айём дар мусоњибаи калонњаљми худ бо "Чароѓи рўз" боз як бори дигар расман аз љонибдорони худ даъват ба амал овард, ки ба ЊНИТ бипайванданд. Аз љониби дигар, Идораи Ќозиёти љумњурї дар ибтидои соли 1992 ба нашри њафтаномаи худ шурўъ кард ва сардабири он пешвои аслии нањзатињои тољик мулло Абдуллоро (Саид Абдуллоњи Нурї.-Н.Д,) таъин кард. Дар оѓози тазоњурот дар майдони Шањидон, ки шабњо хеле сард буданд, њољї Акбар Тўраљонзода розї шуд, "дуздї"-и хаймањо аз Ќозиёт сурат бигирад ва аз ин сањнасозї раиси Шўрои Олї С. Кенљаев тавассути одамони боэътимоди худ хабар ёфт. Ин манёврњои ќозикалон дар охири соли 1991 ва ибтидои соли 1992 боис шуданд, ки эътимод ба шахси ў дар миёни њукуматдорон ба маротиб коњиш ёбад. Аз ин рў,.зимомдорони ваќт дар пайи он шуданд, ки идеяи депутат Э. Рањмоновро дар мавриди интихоботи ќозикалон тавассути интихоботи умумихалќї њатман ба роњ монанд. Худи њољї Акбар Тўраљонзода дар китоби худ "Миёни обу оташ тарњи сулњ андохтам, аммо…" бо истинод ба раиси Шўрои Олї С. Кенљаев менависад, ки президент Р. Набиев дар ќасди барканор кардани ў аз мансаби ќозикалонї будааст. Ахиран, баъди 5 рўзи пайвастани њољї Акбар Тўраљонзода иљлосияи 13-уми Шўрои Олї зери фишори шадиди гирдињамомадагони майдони Шањидон ва гаравгон гирифтани 17 вакили мардумї ва 2 љонишини сарвазир њозир шуд, ки истеъфои раиси Шўрои Олї С. Кенљаевро бипазирад. Ќозикалон дар китоби хотироти худ менависад, ки баъди барканории С. Кенљаев шахсан худи ў ба президент Р. Набиев маслињат додааст, ки собиќ раиси Шўрои Олиро раиси КАМ таъин кунад. Таъин шудани С. Кенљаев дар ин нињод лидерони мухолифинро шадидан норозї карда буд.

Иѓвои телевизионї Аммо дар рўзи охирини иљлосияи 13-ум, ки пурра ба нафъи гирдињамомадагони майдони Шањидон анљом ёфта буд, телевизиони Тољикистон навори чашмак задани ќозиро нишон дод ва аз он њангома сохт. Дар асл, ин чашмак задан танњо як маъно дошта метавонист: маљлисро љамъбаст кунед. Дигар њељ. Иљрокунандаи вазифаи раиси Шўрои Олї Акбаршо Искандарови коммунист њељ симпатия ба ќозикалон надошт, аз ин рў, миёни онњо ягон ќарордоди махфие сурат гирифта наметавонист. Ба назари ман, як камераи телевизионї дар толори Шўрои олї танњо барои ба навор гирифтани њољї Акбар Тўраљонзода истифода шуда буд. Ва њар як њаракат, њар як имову ишораи ўро шояд оператор "крупный план" сабт мекард. Ба ќавли худи ќозикалон, ў аслан ба тарафи А. Искандаров чашмак њам назада буд, шояд аз бехобї бошад, ки чашмаш пўшида шудааст. Аммо ин лањзаро телевизиони Тољикистон барои иѓво хезондан истифода бурд, Чунон ки дар моњи сентябри соли 1991 афтондани њайкали Ленинро дар майдони Озодї ба њамин маќсад истифода бурда буд. Агар телевизиони сайфуллоевї навори чашмак задани ќозиро пахш намекард, зимомдорони ваќт ягон иѓвои дигарро њатман ба роњ меандохтанд, зеро коммунистон тайёр буданд душманони синфии худро дар симои исломињову демократњои ѓарбпараст саркўб кунанд. Аз љониби дигар, мухолифони коммунистон низ ба муќовимат омода буданд. Инро рафти минбаъдаи воќеањо нишон дод. Аммо дастњои пушти парда аз хориљ аз ин омодагии љангии гурўњњои сиёсї дар Тољикистон хуб истифода карданд ва оташи љанги шањрвандиро дар Тољикистон афрўхтанд. Нуралї ДАВЛАТ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

РАНДА

ХИЗМАТИ ХИРСОНАИ МУДИР Наход дар Хатлон соњаи маориф нодаркор ва то ба ин дараља беќадр бошад? Раиси влоят Давлатшо Гулмањмадов аз рўзноманигорон узр мепурсад, аммо мудири шўъба Амиршои Хатлонї онњоро ба худиву бегона људо мекунад Банда соли чорум аст, ки намояндагии "Омўзгор"-нашрияи Вазорати маориф ва илми љумњуриро дар вилояти Хатлон ба ўњда дорам. Дигар расонањои хабарии љумњуриявию байналмилалї низ дар ин минтаќа хабарнигорони худро доранд ва тибќи муќаррарот дар сўњбату вохўрињои роњбарони вилоят даъват мешаванд. 11 марти соли равон бахшида ба Рўзи матбуоти тољик дар њукумати вилояти Хатлон љаласаи тантанавї доир гардид ва аксари журналистони дохилию хориљиро даъват намуданд, вале номи ман дар ќатори даъватињо набуд. Гумон доштам, ки сањве шуда. Ба ин хотир ба мутасаддии чорабинї, мудири шўъбаи тањлил ва иттилоотии дастгоњи раиси вилоят Амиршои Хатлонї занг задам. Ў бепарвоёна гуфт, ки маслињат шудааст, њамаи соњањоро (манзураш хабарнигоронро) даъват намекунем. Ростї, аз ин љавобу аз ин муносибат ва дарки масъулияти онњо сахт "Аз як чароѓаки сурх гузарї, љарима 200 сомонї, такрор кунї, он ба 400 сомонї баробар мешавад..." Мо аз хиёбони Рўдакї дар кироякаши "з сомонї" мерафтем. Чун ба чароѓак наздик шудем, ки он сурх шуд ва мошин ќарор гирифт. Мусофире, ки назди ронанда менишаст, дарро кушода, нос партофт. - Ака, чї кор кардї? - ронанда гила кард. - Намебинї, тори сарат камера њаст. Акнун барои кушодани дари мошин чил сомонї бояд љарима супорам. - Бубахш, додар ман нав фањмидам, ки барои носпартої 40 сомонї љарима меситонанд. Ман њам мисли мусофир ба ин сухани ронанда бовар накардам. - Моњи гузашта 400 сомонї барои ќойидавайронкунињоям, ки камера навор бардоштааст, супоридам. Яке барои хати пеш аз чорроњаро зер кардан ва дигаре барои сурх гузаштан. - Чаро ин ќадар гарон? - пурсидам. - Намедонам, шояд моњонаи мо дар љањон аз њама баландтарин будагист ва барои њамин љаримаро ин ќадар ќимат кардаанд. - киноя зад ронанда. - Рўзи моро хеле сахт кардаанд. Њамон нозире, ки сари роњ истодааст, бе ягон сабаб медорад ва мегўяд, панљ сомонї дењ. Мепурсам, чаро дињам. Мегўяд, таксї мезанї. Заводу фабрика кор накунад, куљо равам? Русия? Дар хона падари пир дорам, розї намешавад. Дар як моњи гузашта љамъ 750 сомонї ба камераву нозирон супоридам. Чор фарзанд, боз падару модари пирам бо мананд. Намедонам, чї кор кунам? Маљбур шавам, ба Русия меравам. Дигар илољ нест. Ин давлат кор ёфта намедињад, лекин намемонад, ки нонатро бемалол ёфта хўрї... - Ба сурх гузаштан чанд сомонї љарима дорад? - суханашро буридам.

бино карда, купрукхо сохта, об бароварда,

дар њайрат мондам. На аз он сабаб, ки дар рўзи иди касбиямон хотирамонро озурда сохтанд, балки барои он ки наход дар Хатлон соњаи маориф нодаркор ва то ба ин дараља беќадр бошад? Охир, Президент Эмомалї Рањмон борњо дар суханронињо таъкид

«

дошт, ки дар сиёсати хеш маорифро дар мадди аввал мегузоранд, аммо Хатлонї дигар фикр дорад. Воќеан, ин бори аввал нест, ки мудири шўъбаи тањлил ва иттилоот Хатлонї нисбати мо журналистон чунин беэътиної зоњир менамояд. Солњои

Мактуби расмиро низ овардем, вале акнун боз бањонаи дигар! Чанде пеш дар нахуствохўрии раиси нави вилоят Давлатшо Гулмањмадов бо кормандони соњаи матбуот на њамаи журналистон даъват шуда буданд ва ин боиси дар њафтаномаи "Азия плюс" нашр гардидани маводи танќидии ба худию бегона људо кардани хабарнигорон шуда буд.

«

КИСААФШОНЇ ё љаримањои нестдарљањони Вазорати корњои дохилї - Аз як чароѓаки сурх гузарї, љарима 200 сомонї, такрор кунї, он ба 400 сомонї баробар мешавад. Бисёр чароѓакњо раќам надоранд ва мебинї сабз аст, њаракат мекунї, зарду баъд сурх мешавад. Истї, аз пасат сигнал медињанд, равї, ќойидаро вайрон мекунї. Баъд аксари хатњо дар тамоми кўчаву хиёбонњои пойтахт бенур шуда ё тамоман наменамоянд ва намедонї хат куљост, вале камера исбот мекунад, ту хатро зер кардї. Шаб дар хобам аз љароѓаки сурх ду бор гузаштаам. Бедор шавам, хоб будааст. Гуфтам, хайрият, вагарна боз 600 сомонї месупоридам. Бовар кунед, ака, ин камерањо номард. Чаро аввал хатњоро банур карда, баъд камерањоро ба кор надароварданд? - Чаро 600 сомонї? - Гуфтам-ку, агар як бор гузарї, 200 ва такроран аз сурх гузарї, 400, мешавад 600 сомонї. Воќеан гила ё суоли ронанда Абдуќањњор, ки дар хати раќами 8 кироякашї

мекунад, љон дорад. Вазорати корњои дохилї дар љорї кардани дурбинњо дар хиёбонњо ба саросемагї роњ дод. Аввалан, пеш аз он ки ин камерањо ба наворбардорї сар кунанд, масъулони соња аз оинаи нилгун ба мардум бояд мефањмонданд, ки дар фалон минтаќаи шањри Душанбе аз фалон рўз камерањо ба кор сар мекунанд. Дувум, пеш аз оѓози кори камерањо тамоми чарѓакњоро санљидан зарур буд, зеро на њамаи чароѓакњо хуб кор мекунанд ва ё раќамї нашудаанд. Баъд њатман њамаи хатњои пеш аз чорроња ва пиёдагузарзоро аз нав ранг задан даркор буд. Савум, нархномаи љаримањоро аввал тавассути оинаи нилгун шарњ дода, сипас њатман дар матбуот чоп кардан даркор буд. Ин амал њоло њам дер нашудааст. Чорум ва аз њама муњим њангоми муайян намудани нархи љарима камтар

гузашта низ бо бањонањои гуногун ба вохўрињои раиси вилоят даъват намекарданд ва ба шањодатномаи журналистї ва тасдиќкунандаи љои кор бовар накарда, талаб менамуданд, ки мактуби расмї пешнињод намоем. Мактуби расмиро низ овардем, вале акнун боз бањонаи дигар! Чанде пеш дар нахуствохўрии раиси нави вилоят Давлатшо Гулмањмадов бо кормандони соњаи матбуот на њамаи журналистон даъват шуда буданд ва ин боиси дар њафтаномаи "Азия плюс" нашр гардидани маводи танќидии ба худию бегона људо кардани хабарнигорон шуда буд. Ва зимни нишасти матбуотии худ раиси вилоят изњор намуд, ки ў аз ин кор хабар надоштааст ва аз журналистон пузиш хоста, онњоро ба њамкории муфиду тарафайн ва сањмгузорї дар рушду нумўи вилоят даъват намуд. Хулоса, ба журналистон маълум гардид, ки ин кори шўъбаи тањлилию иттилоотии Дастгоњи раиси вилоят аст, зеро мањз дар ин љо рўйхати даъватшавандањоро тартиб медињанд ва мањз онњо касеро хоњанд таклиф мекунанд, нахоњанд - не. Шояд роњбарияти нави вилоят ин масъаларо бознигарї намояд? Њамрози ЭЊСОН, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон

инсоф бояд мекарданд. Шояд ин нархњо аз рўи даромади баъзе табаќањои хушпул ва фасодзада тасдиќ шудаааст. Вазорат фаромўш кардааст, ки Тољикистон аз љињати миќдори маош дар кишварњои собиќ Шўравї љойи якумро аз... охир мегирад. Бинобарин њоло њам дер нашудааст, бањои осмонии љаримањоро ба њадди мантиќї, яъне, мувофиќ ба моњонаи мардум поён овардан зарур аст. Зеро як чизро набояд фаромўш кард, ки Вазорати корњои дохилї нињоди буљапуркун ва кисаафшон набуда, балки барои муњофизати мардум бунёд шудааст. Шояд бигўянд, ки мо ин камерањоро бо чанд миллион сомонї харидем. Дуруст, вале дар айни замон Вазорат барои гузаштани муоинаи техникї, ивази њуќуќномаи ронандагї нархоеро муайян кардааст, ки дар кишварњои њамсуд нест! Такрор мекунам: дар ягон кишвари собиќ Шўравї ин гуна нарх нест. Масалан, бо он пуле, ки дар Тољикистон њуќуќномаи ронандагиро иваз мекунанд, дар Арманистон њам муоинаи техникї мегузаранд ва боз тахмин баробар ба 30 сомонии мо боќї мемонад. Чї илољ! Њамин хел роњбарони "ѓамхор" дорем! М. СОДИЌ

ТАНАКСОЛ - БАР ЗИДДИ ИХРОЉИ ЛЯМБЛИЙ ! Ширкати илмию истењсолии Руссия воситаи нодиреро коркард намудааст, бо номи ТАНАКСОЛ, ки он аз љамъи гиёњњо (пижма, полын, тысячелистник, девясил) иборат буда -њангоми беморињои паразитї ва сироятї (лямблиоз, амебиоз, аскаридоз, энтеробиоз,) истифода бурда мешавад. -Ба њоли имрўз воситаи аз њама самараноки зидди лямблиоз барои кўдакон ва калонсолон мањсуб меёбад. Дар њолатњои шидати дард, Танаксолро якљоя бо дигар воситањои синтетикии зидди ихрољ истифода бояд бурд. Танаксол таъсири манфии доруњои синтетикиро кам мекунад. Тарзи истифодабарї: Кўдакони аз 1 сола 1/6ќ, аз 2 то 7 сола 1/3ќ, аз 7 то 12 сола 2/3ќ, аз 12 сола боло аз 1 то 2 ќошуќча рўзе 3 маротиба, 20 даќиќа пас аз хўрок. Давомнокї: аз 7 то 14 рўз, барои калонсолон то 30 рўз. Рег№000678 Аз дорухонањо пурсон шавед!


ТАЌДИРИ ШИНОС Мављудияти инсони ѓарбї, ба гуфти Њуссерл дар њолати вазнин аст, аз он сабаб ки инсони аврупої ба он идея, ки ўро њамчун "инсони ѓарбї" муайян мекард ва шакл медод, бегона шудааст. Ба фикри Њуссерл ин идеяи фалсафа буд ва ин идеяест, ки инсони ѓарбї аввалин бор дар Юнони ќадим таърихи худро бо он оѓоз кард ва худро њамчун инсони њаќиќї шинохт. Мављудияти фалсафї ё њастии фалсафї ин боварї ба идеяњо ва идеалњои аќлї мустаќил буд, ки ба инсони ѓарбї иљозат медод, то дар сулњ ва оромиш бо худ зиндагонї кунад. Вале дар замони баъди Эњё, инќилоби илмї, инќилоби бузурги Фаронса ва инќилоби саноатї аќли комил ва њамаро фарогиранда маънї, нури ботинии хешро гум карда ба аќли инструменталї табдил ёфт. Ин њамон падидаест, ки дар фарњанги тољикон дар солњои Шўрваї рўй дод. Албатта солњои Шўравї давраи инкишофи илм ва технологияи навин буд, вале дар ин љараён инсонњо њам ба абзори система табдил ёфта, тарзи тафаккур, рўњоният ва роњњои аслии худсозии худро гум карданд. Он чи аз фикри Њуссерл барои мо зарур аст, он аст, ў як бори дигар њушдор дод, љањоне, ки ѓарбиён зиндагї доранд, болои арзишњо, идеяњо ва идеалњое меистад, ки онњо характери рўњонї доранд, яъне, љањон ва љањонбинї як чизи рўњонист ва он таркиби рўњониро, ки дар шакли нави фарњангї дар ваќташ шакл гирифт, юнонињо фалсафа номида буданд ва акнун фалсафа яке аз унсурњои бисёри зарури хеш таъолият ё мутаъолияти хешро гум кардааст ва инро ба инсони ѓарбї ва ба фалсафа феноменологияи мутаъолї додан метавонад... Ва ин бўъдест, ки дар фалсафаи тољик њамеша зуњур дошт ва он таърихан комилии тарзи тафаккури тољиконро нишон медињад. Њуввияти тољик дар фарќият аз мардуми кучии Осиёи Марказї њама ваќт ба њастии фалсафї (бархурд бо њаќ, њаќиќат ва њастї) ва њастии забонї такя дошт. Бинобарин дар фазои фарњангие, ки ин ќавмро ташкил доданд, садсолањо боз њар ки дохил мешуд, роњат метавонист худро ботамаддун ва бофарњанг њис кунад. Яъне, тољик аз таљриба ва дониши худї -њаќиќат- ќудратљањон ва фазосозї бархурдор буд. Давлатдориро њамчун як чизи болотар аз авлоддорї, ќишлоќдорї ва мањалдорї ќавму ќабилањои дуру наздик аз тољик омухтанд . Ва чаро имрўз дар ин њолате, ки буњрон фарогири њастии мост ва ба истилоњи Њайдеггер, дар воќеияти гап афтодаем ва фикри ом дар њама љо ѓолиб аст? Фикр мекунам, мо дар давраи Шуравї ва пеш аз ин њам дар давраи сулолањои нафс (туркї) аз технологияњои сохтмони шахсият дур мондем, ки дар ин раванд дар вуљуди инсон ва инчунин дар љомеа њамоњангии худї -њаќиќат- ќудрат ва љањон ба вуљуд меомад ва инсонњо метавонистанд барои худ фазое сохтан ва љањони худро барпо кардан. Ин механизми худсозиї ва љањонсозиро дарк накарданд ва инчунин алоќамандии фикр, андеша ва маънавиёти мутафаккирони моро дар алоќаманди бо љомеа бо њаёти мардум дар даврањои гуногун мавриди тањлилу танќид ќарор нагирифт. Дар љомеаи имрўзаи мо аслан мардуме, ки ба кори фикрї машѓуланд, аз зиннаи аввали шинохт аз воќеияти худро рў ба рў шудан тарсида истодаанд, ки ин ашё ва ин муносибатњо ва ин падидањо, ки дар љомеа ва дар њаёти њаррўзаи онњо ва дигарон рўй дода истодааст, аз куљост, чи маънї дорад ва оќибаташ чист. Бале ба номњо, унвонњо ва нињодњои холии худ часпидаанд, вале фаромўш накунанд, ки дигар касе барои онњо 'андешаи фалсафї' ва барномањои амал намефиристад. Имрўз бо нусхабардории системаи арзишњо, ќонунњо ва њаёти дигарон зистан намешавад ва ба хусус бо ёрии башардўстона ва ќарзи дигарон фикр ва номусу нангро наметавон зинда кард...

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

7

МЕЊМОНШОЊ ШАРИФЗОДА

ЊУВВИЯТИ ТОЉИКОН Давлатдориро њамчун як чизи болотар аз авлоддорї, ќишлоќдорї ва мањалдорї ќавму ќабилањои дуру наздик аз тољик омўхтаанд, аммо... Акнун сари ин масъала меоем, ки чаро идеяи фалсафа - идеяи муайанкунандаи њуввияти тољик аст, чаро ки тољик дар тамоми тамаддунњо, ки назистааст, ба фикр, ба шинохт дар кадом шакл, ки набошад, машѓул будааст а калимаи пурзарфият ва амиќи "худї" (self) дар забони тољикї аз ин шањодат медињад, ки тољикон њама давру замон дар раванди шинохти худї, љањон буданд ва ба маданиятофаринї машѓул будаанд. Инро њам метавон гуфт, ки давраи исломии тафаккури тољикї давраи бисёр пухта ва равшани тафаккури онњост, ва осори Ибни Сино, Носири Хусрав, Абуњомид Муњаммади Ѓаззолї, Румї, Љомї, Насафї, Бедил, Ањмади Дониш ва то Айнї ва нишонаи он аст. Ва ин даврае буд, ки њарчанд мухолифатњо байни мактабњои фалсафї -динї вуљуд дошт, дар сатњи таљриба ва шинохти њаќиќат - аќл ва имон унсурњои аслие, ки ќудрати шинохт доштанд, ба њам созиш доштанд. Албатта, ихтилофњо, ки дар сатњи бозињои сиёсї мегузаштанд, боиси нобуд шудани мутафаккирон ва оворагардињои бисёре аз онњо мешуд, вале мо ин љо дар бораи ихтилофи шинохт (interpretation), гуногунии роњњои шинохт њарф мезанем, ки бисёри муњаќиќон имрўз онро сабаби пешравии илм ва шинохти њаќиќат донистаанд… Масалан, файласуфи муосири тољик устод Асадуллоев бисёр љолиб менависад, ки "Фалсафа бояд њамин гуна бо ихтилоф бошад, њаёт њам пур аз зиддиятњост. Агар тољикон ба як система алоќаманд мемонданд, он гоњ онњо аз рўи замин нест мегаштанд." Ва ихтилофњои байни мактабњои фикрї боиси пешравии илми фалсафа гардид, хусусан дар асрњои аввали ислом.

«

Чуноне, ки гуфтем, бањсњо бештар дар бораи усулхои шинохт буданд. Дар он ваќт бисёрии сўфињо ба фалсафа ошної доштанд ва бисёрии файласуфон ориф буданд. Ибни Сино иќрор мекард, ки авлиё усули махсуси шинохти њаќиќатро доранд, ба касоне, ки "аќли равшан" надоштанд, ин усул имконпазир нест. Хайём аз чор мактаби фикрии маъруфи даври хеш роњи сўфињоро барои шинохт ва њаќиќат дар маќоми аввал мегузошт. Ва њамчунон Ибни Арабї (Шайхи Бузург ) ва Айн- ал- Ќуззот барои шарњи афкор ва биниши ирфонии худ аз терменалогияи файласуфон истифода мекарданд. Дар ин байни метавон гуфт, ки шояд танњо мутакаллимон буданд, ки на ба аќли файласуфон ва на ба ишќи орифон эътимод мекарданд… Дар ин замина бањс байни Тусї ва Ќунавї дар мукотиботи онњо хело аљиб ва омўзанда аст. Файласуфони машшоъ Ибни Сино, Ал-Киндї ва Форобї бар ин аќида буданд, ки аќл бе ёрии вањй ё кашфи авлиё метавонад инсонро барои фањмидани воќеъияти ашё ва шинохти њаќиќати интињої рањнамої кунад. Сўфиёне мисли Боязид, Ибни Арабї, Румї ва дигарон аќидаеро тарафдорї мекарданд, ки аќли инсони мањдудиятњо дорад ва метавонад инсонро ба роњи хато бурдан ва инсон ба њаќиќати интињои бе мадади Худованд наметавонад расидан. Ва ба аќидаи онњо ин донишро Худованд танњо ба баъзе бандагонаш иноят фармудааст. Онњо ин донишро кашф, шуњуд, мушањада ва завќ номидаанд. Љое чун Румї дар бораи мањдудиятњои аќли љузъї мегуфтанд, вале дар дигар љо Аќли куллиро њамчун њамзоти Руњи Аъзам ва Ќалами Аъло мешинохтанд. Бењтарин

Чаро, ки ин давра фалсафа боз ба зинаи сифатан баланди хеш баромада буд ва аќлро дар зинањои дигари шинохт истифода мекарданд, ки аз аќли Папуас, аз аќли файласуфи юнонї ва файласуфони машшоъ болотар буд. Агар мутафаккири мусулмон бо мантиќи Арасту ќаноат мекард оё метавонист њама абъоди инсон ва љањонро мушоњида кардан?

«

намунаи њамкорї ва ихтилофи мактабњои гуногуни фикрї ин мукотиботи Ќунавї муриди шайх Ибни Арабї ва Тусї, шогирди бовафои Ибни Сино мебошанд, ки он ваќт Тусї њам вазирии Њалокуи Муѓулро мекард ва њам дар Мароѓа ба тањќиќот машѓул буд ва Ќунавї дар Ќуния ба дарс додан машѓул буд... Њуссерл дар љое аз маќолаи худ ќайд мекунад, ки "аќл мафњуми васеъ аст ва мувофиќи як таърифи хуби он инсон мављуди аќлонї њаст ва ба ин маънї Папуас њам инсон аст на њайвон… вале аќли фалсафї зинаи нави њастии инсонро ташкил медињад, ки он зинаест, ки мављудияти инсон бо идеалњо ва маќсадњои љовидона, зинаи мављудияти sub specie aeterni( зери рамзи љовидонї- М.Ш.), танњо бо идеяи фалсафа имконият дорад"…. ва ин љо онњое, ки мегўянд, ки давраи исломии фалсафаи тољик давраи таназул буд, сахт хато мекунанд. Чаро, ки ин давра фалсафа боз ба зинаи сифатан баланди хеш баромада буд ва аќлро дар зинањои дигари шинохт истифода мекарданд, ки аз аќли Папуас, аз аќли файласуфи юнонї ва файласуфони машшоъ болотар буд. Агар мутафаккири мусулмон бо мантиќи Арасту ќаноат мекард оё метавонист њама абъоди инсон ва љањонро мушоњида кардан? Дар давоми садсолањо тољикон дар мактабхои гуногуни фикрие хамчун фалсафа, исмоилия, тасаввуф ва каллом таљриба ва дониши сохтмони Худї ва бархурд бо олами атрофро инкишоф додаанд. Ин њамин сўфиёни Осиёи Марказї буданд, ки назарияи Одамият ва Инсони Комилро инкишоф доданд ва дар давоми садсолањо ба сулолањои Туркнажоди Осиёи Миёна таъсири калоне њам доштанд. Ва орифони Тољик аз замони "сўфии озодфикр" (таъбири Николсон) Абусаид Абулхайр (асри Х) то замони Хоља Ањрори Валї ва то Эшони Тураљон наќши муњимеро дар њаёти маданї, иљтимої ва сиёсии мардуми Осиёи Марказї бозидаанд. Инро њам бояд ќайд кард, ки машњуртарин орифони Осиёи Марказї, ки нуфуз (authority)ва ќудрат доштанд, тољикон буданд.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

Њудуди як сол аст, ки номи Зайд Саидов аз сархати муњимтарин ахбори кишвар намеравад ва кучактарин иттилоъ дар бораи ў зудтар аз њар хабари дигар расонаї мешавад. Муддати ин як сол шояд садњо хабару маќолаву суњбатњо нашр шудаанд ва дар њар нишасти матбуотии нињодњои ќудратии зидахл мавзуъи Зайд дар маркази таваљуњи васоити ахбор ќарор гирифтааст. Зеро парвандаи ў пурмољаротарин ва шигифтангезтарин парвандаи сол буд. Њоло ќозии додгоњ ба бахше аз парвандаи ў њукм содир кардааст, вале тафтиши бахшњои дигари он идома доранд. Зайд њамоно роњии зиндон нашудааст, чун имкон дорад ба ин 26 сол бо чанд соли дигар тибќи моддањои дигар илова шавад. Њафтаи гузашта ба зодрўзаш 55 сол пур шуд. Вале таќдир чунин буда, ки ин санаи мубораки умрро дар утоќи тангу тори зиндон истиќбол кунад. Ва шояд руњияи таљлили зодрўз њам аз пешаш рафтааст ва акнун ин рўзро танњо гузашти боз як соли умр медонад. Ва шояд андешад, ки боз чанд соли дигар 20 мартро дар утоќи тираи зиндон истиќбол мегирад? Оре, вай умед надорад, ки 26 сол мемонад. Зайд шахсияти истисної ва зиёда аз ин ба оянда хушбин аст. Њатто баъди он ки ба лобањояш посухе аз сарвари кишвар нарасид, боз њам умедвори лутфи Парвардигораш монд. Ва барои инсоне, ки њама дарњои рањої аз бунбастро баста мебинад, ин ягона дари умед аст. Умеде, ки шояд ба ќалбњои сарварон рањму шафќат ва тарањњум андозад. Вай медонад, ки танњо Худованд ќодир аст ќалбњои холї аз рањму шафќату тарањњум ва сахтро нармї бахшад, чун султони ќалбњои муъминон мањз Ўст.

Майдони танги сиёсат Дар бораи Зайд Саидов навиштани њарфи тоза чандон осон нест. Зеро тўли ин њудудан як сол ончунон навиштанду гуфтанд, ки дигар шояд њарфи тозаи ногуфта намонд. Дўстонаш њам гуфтанду душманонаш њам. Ва он навиштањову гуфтањо шояд садњо сањифаро рангин кунанд. Вале мушкил љои дигар аст: нуктадоне лозим, то мантиќи ин њама гуфтањову навиштањоро дар тарозуи адл баркашад ва аз миёни ин њама симои аслии Зайдро барои мардум муаррифї кунад. Аз сўи дигар Зайд Саидов муддати ин њудудан як сол хабарсозтарин чењра буд ва серсадусадотарин парванда зарфи шояд ин бист соли охир мањз парвандаи

МУШКИЛИ СОХТА

ў мањсуб мешавад. Зайд сиёсатомўхта буд ва таљрибаи кори сиёсї њам дошт. Вале на ба он њадде, ки як њизби сиёсиро бо ормонњои истиќлолияти иќтисодиву рушди соњибкорї аз марњилаи таъсис то ављи шуњрат расонад. Вай танњо метавонист ин њизбро таъсис дињад ва метавонист собит созад, ки љунбиши сиёсие бо тобиши иќтисодї ва иљтимої ниёзи љомеаи маданї аст. Шинохте, ки аз ў дорам, Зайд аз хислатњое, ки пояшро билохира ба сўи худкомагї бикашад, орист. Майли вай ба бунёди љомеаи воќеъан демократї бештар аз он аст, ки худро ба сарвари якумрии нињоде табдил дињад. Вай инќилобиву тундраву тундхўй нест, намехост ва намехоњад тањавуллоте сурат бигирад, ки суботи љомеаро барњам занад, вале сидќан хостори таѓйири низоми афкор дар љомеа буд, вай мехост амалан нишон дињад, ки як њизби сиёсї бо ормонњои иќтисодї њам метавонад дар бораи некуањволии мардум на танњо бияндешад ва ибрози назар кунад, балки кореро њам анљом дињад, ки амалан ба чашми љомеа намоён гардад. Вай бо њамин ормон даст ба таъсиси њизб зад. Вале дар ин љараён вай фаромўш карда буд, ки њатто барои ин марњила аз истиќлолияти кишвар њам арзи вуљуди як њизбе бо дурнамои талош барои њокимият тањаммулнопазир аст. Аз сўи дигар Зайд дониста, таърихи ин бист соли истиќлолиятро фаромўш кард, зеро назири ў касоне њам буданд, ки ин гуна талош кардаву ноком монданд. Замоне Њикматулло Насриддинов, Котиби њизби Коммунист ва вазири хољагии оби љумњурї кўшид чун номзад дар интихоботи раёсати љумњурии соли 1991 иштирок кунад, вале низом инро тањаммул накард ва зуд аз болояш парвандаи љиноятї боз карданд. Баъдан, як талоши дигар аз љониби Султон Ќувватов, собиќ раиси Кумитаи андози кишвар анљом гирифт, вале он њам ба фишор рў ба рў гардид ва ноком шуд. Шояд ваќте Зайд тасмим гирифт њизби сиёсї месозад, гумон намекард, ки дорад пайроњаи Њикматулло Насриддинов ва Султон Ќувватро тай мекунад. Шояд медонист, вале гумон мекард фосилаи замонї роњњоро ба амалї гардидани иќдом њамвор кардааст. Ва ин далели хомии сиёсии ў буд. Вай њам бо пайроњаи пиндорњои Кабириву Зойиров равон шуд ва гумон кард афкори мардумро таѓйир додан корест сањл, бегумон аз он ки низом њама роњњои вуруд ба андешаву афкори мардумро масдуд кардааст ва ќартаи "ёдоварии со-

лњои 90" њамоно дар бозист. Ин буд, ки њатто аксари коршиносон пайѓоми таъсиси њизби навро як тасмими њамоњангшуда бо "боло" арзёбї карданд ва онро чандон љиддї ќабул нанамуданд. Зеро медонистанд, ки афкори зайдї бидуни њамоњангї бо нафари аввал дар љомеа љойгоњ пайдо нахоњад кард. Вай дар номаи чорсањифагии худ ба Президент то љое изњори таассуф мекунад, ки даст ба иќдоми таъсиси њизб задааст ва иброз медорад: "ният кардам баробари бозгашт, аввалин коре, ки мекунам дар Душанбе, боздошти фаъолияти таъсиси њизб буд. Ин нуктаро аз Олмон бо њамроњии раиси КДАМи Душанбе ба раиси КДАМ иброз дошта будем."

"Ходорковскийи тољик" Шояд ин ташбењи нољост, вале бисёрињо мехоњанд њадди аќал чунин бошад. Онњое, ки ба адолати низоми судии кишвар бовар надоранд, ба лутфи Президент умед бастанд, зеро авфи гунањгор салоњияти танњо Сарвари давлат аст, ки Конститутсия ба ў додааст. Ин буд, ки дар остонаи судури њукми додгоњ шахсиятњои шинохтае унвонии Сарвари давлат бо номаи кушод мурољиат карданд ва навиштанд, ки Зайд Саидов "миёни мардум воќеан њам маъруфияту мањбубиятеро соњиб гаштааст, мањбубиятеро, ки дар љомеа танњо бо хислатњои њамидаи инсонї метавон дарёфт намуд. Сањме дорад назаррас дар рањоии мардум аз вартаи љанг. Шахсест муваффаќ дар љодањои мухталифи фаъолият, баѓоят хоксор, ѓамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллї, њиммату саховаташ ибратомўз. Фаъолияти давлативу љамъиятиаш ифодаи садоќат ба сиёсати эљодкоронаи Шумост ва бо пайравї аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару бењбудии мардум корњои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маљмааи "Душанбе - плаза" аз зумраи онњост, далели ин гуфтањост. Дар ќатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки ањолии аз сел зарардидаи Кўлобро бо манзили иќомат таъмин кардаанд, тариќи хариди сањмия љонибдориашонро аз иќдоми баѓоят муњими таќдирсози Шумо бобати бунёди нерўгоњи Роѓун собит намудаанд." Ин афрод низ чун Зайд танњо ба адолати президентї чашми умед дўхтаанд ва њамоно интизори муъљизаанд, гарчї боз њам ба ин бовар њастанд, ки сарнавишти Ходорковский барои Зайд такрор ношуданист. Зеро њарчанд ин ду тан як

пайроњаро тай карданд, вале аввалї аз пуштибонии ќудратњои љањонї бархўрдор буду дуюмиро ба љуз ду созмони байналмилалї каси дигар ёд наовард. Вале дар умќи чашмони тољик умед аз њама охир мемирад. Ёќуб Салимов бо вуљуди он ки авфи президентї пеши чашмонаш њазорњо танро беруни зиндон карду ба ў нарасид, умед дорад, ки ин бор мерасад. Яъне, њар зиндонї бо вуљуди садњо љурмаш чашми умед ба рањмати сарвар дорад. Ва Зайд низ. Вай аз боздоштгоњ ба унвони Президент нома ирсол кард ва њатто ваќте имкони сухани охирин дар мурофиаи судї доданд, ба њамин маъно ишора намуд. "Президенти тозаинтихоб Эмомалї Рањмон ќасам ёд карданд, ки тамоми њуќуќњо ва озодињои шањрвандони Тољикистонро њимоя мекунад ва ман дар ин љода ба Президент бурдборињо таманно дорам ва дар ин савгандёдкунї њалли дуруст ва одилонаи ќазияи худро мебинам",- гуфт ў. Вале умеди авфи таќсироту озодї аз боздоштгоњ њамвора бо ноумедї ўро дунбол мекард. Дар оѓоз вай талаби 28 соли зиндонро баробар ба 5 њукми ќатл донист, чун ба ягон моддае, ки гунањгор дониста мешуд, худро айбдор намешумурд. Вале бар ин умед буд, ки "суд њамаи далелњои ба парванда љамъовардаро санљида баромада, адолатона ба онњо бањо медињад" ва бегуноњии ўро тасдиќ менамояд. Вале њайњот чунин нашуд. Адолати судии тољикї афсонае беш набуд.

Парвандаи сиёсї Њам Ожонсии зидди фасод ва њам дигар нињодњои ќудратие, ки ба тафтишу санљиши аъмоли Зайд Саидов даст доштанд, њар коре анљом доданд ва ё надоданд, доѓи сиёсї будани парвандаро натавонистанд бишўянд. Њамаи љиноятњои дар парванда зоњиршуда хеле ќабл аз замоне сурат гирифтаанд, ки Зайд тасмими таъсиси њизби "Тољикистони нав"-ро иттихоз кард. Ба муљарради эълони њусни ният тањдидњо ба муассисонаш шуруъ шуда буданд. Аллакай 10 май аъзои гуруњи ташаббускор Мањмудљон Ќосимов хабар дода буд, ки ўро маќомот барои суњбат даъват карданд ва ба унвони Зайд Саидов тањдидњо шуруъ гардиданд. Ба гуфтаи ў, ба шумораи телефони Зайд Саидов пайёмаки тањдидомез, бо лањни ќабењ омад ва нависандаи он талаб мекард, ки аз ѓояи таъсиси ин њизб даст кашад, дар акси њол ќасос хоњанд гирифт. Ин гуруњ њатто гуфт, ки шумораи телефоне, ки ин паём аз тариќи


ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

9

УМЕДЊОИ ЗАЙДИ ЗИНДОНЇ Мањбуси сиёсии №1 - и Тољикистон 55 - умин солгарди умрашро дар зиндон истиќбол кард... он расид, муайян аст ва сохторњои дахлдор дар љараён гузошта шуданд. Вале гуруњ њамон замон њам сарењан эълон кард, ки дар доираи ќонунњои амалкунандаи кишвар ба фаъолияти худ идома хоњад дод. Аз сўи дигар танњо баъди аввалин нишасти хабарии гуруњ њам тањдидњои ашхос ва њам тафтишњо аз љониби маќомот шуруъ гардиданд. Абдуфаттоњ Саид дар суњбат бо "Нигоњ" гуфта буд, ки "Ин одам (яъне Зайд) барои сафед кардани худ эълон кард, ки њизби нав ташкил мекунад ва парвандаи вай сиёсї аст. Ин тавр нест. Чаро то ба ин сол њизб ташкил накард"? Вале ба суоли дигар дар он маврид, ки чаро Ожонсї парвандаро бармањал оѓоз накард, посухи рушан дода нашуд. Аммо худи Зайд ва љонибдоронаш ва њам аксари кулли тањлилгарон ифтитоњи њамаи парвандањоро марбут ба фаъолияти сиёсии Зайд донистанд. Ба дигар маънї, худи маќомот сабабгори рў задани ин афкор шуданд. Зеро агар ин љиноятњоро ќаблан медонистанд, метавонистанд хеле бармањал парванда ифтитоњ кунанд. Танњо дар Тољикистон ин гуна аст, ки шахс барои дидгоњњои сиёсї ва талошњо барои ќудрат аз роњњои сиёсї мавриди тафтишу тањќиќ ќарор мегирад.

"Бизёрзании" Зайд Дар пасманзараи маъшуќабозињову занталошињои садњо амалдорони њукуматї тамѓаи серзаниро низ иљборї ба парвандааш часпонданд. Аммо он ки бо се зан замоне аќди никоњ дошт, пинњон набуд. Ва њамаи ин занњо иќроранд, ки њамсари Зайд дар замони мушаххас будаанд. Тафтишот њам медонад, ки Тоњирова Латофат (с.т. 1962), соњиби 5 фарзанд, Юнусова Фирўза (с.т. 1966), соњиби 3 фарзанд, Аминова Парвина (с.т. 1982), соњиби 2 фарзанд - њамсарони Зайд Саидов дар солњои гуногун будаанд ва њамеша баъди људої аз яке Зайд ба дигаре издивољ мекардааст. Вай мегўяд, масъулияти имониву виљдонї дорад, ки аз њоли фарзандонаш хабар гирад, дар тарбияи онњо сањм дошта бошад, тањсилоташонро назорат кунад, на чизе аз ин беш. "Ман ба њайси падар дар назди фарзандонам масъулият эњсос мекунам. Аз ин рў, пайваста аз њоли фарзандонам хабар мегирам ва барои ман ахлоќу одобу донишу рафтори онњо хеле муњим аст. Ва муњимтар аз њама, ман дар назди ќонун омодаам, барои тамоми пањлуњои њаёти шахсиам љавоб бигўям.

Ва умедворам, рўшан хоњад шуд, ки њељ гуна амали ѓайриќонунї дар вазъи оиладории ман дида намешавад", - иброз дошт Зайд дар як суњбат. Вале мутаассифона, бо вуљуди он ки Зайд бо яке аз бонувони ёдшуда зиндагї дораду бо дигарон иртиботи занушавњариаш замони худро пушти сар кардаанд, дар додгоњ ба назар гирифта нашуд. Ва агар аз рўи ин мантиќ арзёбї шавад, пас имрўз метавон шояд ниме аз сокинони кишварро, ки занњои аввалро рањо кардаву бо никоњи дуюм ва ё сеюм зиндагї доранд, паси панљара кард.

"Фабрика" ва дигарон Њамчуноне ишора рафт, тўли ин камтар аз як сол садњо маќолаву хабару гузориш дар расонањои мухталиф дар бораи Зайд интишор ёфтанд. Дар ин миён чун анъанаи ќадима "фабрикаи" љавоб њам басо фаъол буд. Вале дида мешуд, ки маќолоти зидди Зайд танњо аз љониби "фабрика" эљод ва интишор меёфт ва таќрибан њамаи онњо муаллифи мушаххас надоштанд. Баръакс, ба љонибдориаш шахсони даќиќ, мушаххас ва дар аксар маврид шахсиятњои овозадоре чун профессор Њољимуњаммад Умаров, Муъмин Ќаноат, Гулрухсор Сафї, Барзу Абдураззоќов садо баланд кардаанд. Профессор Умаров пўшида намедорад, ки Зайд дар мавриди таъсиси њизбаш бо ў низ машварат карда буд ва аз оњанги суњбати ин иќтисодшиноси маъруф пайдост, ки ѓояи бунёди ин њизбро пуштибонї мекард. Ќазияи Зайд заъфи њукуматро баръало ба намоиш гузошт: барои муттањам ва забонкўтањ кардани ў аз њама абзори таблиѓотї ва њатто туњматнома дар паравандааш истифода шуд. Вале љолиб он буд, ки ин њама таблиѓот дар зењни умум он пайкараи дањшат, ки маќомот мехостанд офаранд, офарида нашуд. Дастгоњи таблиѓотї зиёд кўшид, вале камтар муваффаќ шуд. Чењраи Зайдро натавонистанд чун симои Умаралї Ќуввату Абдумалик Абдуллољонов сиёњ кунанд. Вакилони мудофиаи Зайд тавонистанд таќаллубкории маќомоти тафтишотии кишварро фош созанд. Агентии коррупсия натавонист ин бор љабран таљовуз ба номуси духтари ноболиѓро ба сари Зайд бор кунад, чун таќаллуб дар ташхиси ДНК фош шуд. Шармандагї аз ин беш мешуда бошад, ки созмони ташхисии "Био папа" аз Маскав муддаии ширкат дар мурофиаи Зайд Саидов

шавад, то илман собит кунад, ки ин љавонмард падари тифли мавриди назар нест ва Агентии коррупсияи Тољикистон натиљаи ташхиси ин созмонро ба нафъи худ таѓйир додааст?

Њарфи охир Суханронии охирин вай дар зали додгоњ оњанги ноумедї дошт. Вай њамон лањза нахустин рўзи дастгир шуданашро ба хотир овард: "Рўзи аввали боздошт шуданам маро ба идораи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия оварданд ва дар он љо як марди солхўрда, шояд корманди њамин маќомот бошад, гуфт, ки маро хуб мешиносад ва аз бегуноњии ман воќиф аст, вале барои айбдор намудани ман як ариза кофист. Њамин тавр, суханони ин мард ба њаќиќат мувофиќат намуданд ва имрўз ман бо айбдорї дар содир намудани љиноятњое, ки аслан ба табиатам бегонаанд, дар мањкама ќарор дорам". Оре, агар содир намудани ин гуна љиноятњо ба табиаташ бегона намебуд, вай аз Порис рост ба Душанбе намеомад ва худро ба дасти тафтишот намесупурд. Вай имони комил дошт, ки бегуноњ аст ва ин парвандабозкунињо иштибоњанд ва метавонад худро сафед кунад. Вай дар хориљ монданро барои худ нанг донист, чун фирору тарсуї хўи ба табиаташ бегона мањсуб меёфт. Вай дар суњбат бо радиои "Озодї", ки баъди пахши аввалин иттилоъ дар мавриди оѓози парвандаи љиної аз Порис суњбат мекард, мукарраран ва бидуни шаку шубња мегуфт, ки њатман ба ватан бармегардад: "Агар медонистам, ки дар ин байн парвози дигаре њаст, њатман бармегаштам зудтар. Ман њатман бармегардам. Ман љинояте накардаам, коре накардаам, ки аз он шарм дорам. Бигзор аз ин корњо касоне шарм доранд, ки барои рушди љомиа мониа мешаванд, барои бењбуди зиндагии љомиа мониа эљод мекунанд". Ва боз: "Мутаассифона, дар байни бархе назаре роиљ аст, ки гўё агар як тољир зиндагии хуб дошта бошад, набояд дар ѓами дигарњо бошад, фикри рушди љомиаро кунад. Вале ман итминон њосил кардам, ки ин бетафовутии мо, соњибкорон, ва шахсан ман, моро ба як мушкили хеле хатарнок рўбарў мекунад. Ва Худо накарда, нооромиро дар љомиа эљод накунад. Ноумедї, ки эљод шудааст. Нерўи аќлонї ва фикриву љисмонї кишварро тарк мекунад. Њамаи ин моро ором намегузорад. Баъдан ман дар Душанбе, дар Тољикистон моликият дорам.

Ман мехоњам, ки моликияти ман фаъол бошад. Маќсади мо ин аст, ки мо бо як фикри марказгарої, бо як фикри созанда барои бењбудии зиндагии мардумамон як корњое карда тавонем. Чунки њам фарњанги сиёсии мардум хеле пойин аст, њам шароити зиндагии мардум хеле пойин аст. Пас чї тавр мешавад, ки дар як кунљ нишаста, дар фикри ободии кишвар набошем"? Вай њатто омода буд барои исботи шаффофияти сарфи маблаѓњо дар "Душанбе-Плаза" аудити байналмилалї гузаронида шавад. Вай мегуфт: "Бубинед, ки аз њисоби буља чандин ширкати хориљї ва асосан аз Чин дар Тољикистон сохтмон мекунанд, вале ягон нињод фаъолиятњои молии онњоро тафтиш намекунад. Вале њамин, ки дар ягон тендери байналмилалї як ширкати мањаллї баранда шуд, њама болои сарашро мегиранд. Дар натиља, ширкатњои мањаллї муфлис шуда, аз бозори дохилї берун андохта мешаванд ва табъан ин бозор дар дасти ширкатњои хориљї меафтад".

Охирсухан Дар бораи Зайд метавон аз ин бештар навишт, чун суханони гуфтанї беш аз инанд. Вале метавон бо њамин иктифо кард, чун тафтиши парвандаву мурофиањои додгоњї ба анљом нарасидаанд. Њар рўзи даргузар метавонад дар ќазияи вазири саноати пешин зояндаи андешаи нав бошад. Дар ин мурофиањо вай дигар ширкат намекунад ва ин низ таљрибаи бесобиќа дар низоми судии Тољикистон аст. Зайд Саидов эълон кард, ки дигар ба адолати судї бовар надорад ва ваќти худро сарфи ширкат дар ин мурофиањо намесозад, зеро аздусар медонад, ки онњо њарфи ўро ба инобат намегиранд. Оре, метавон гуфт, метавон нагуфт. Вале муњимтарин нукта он аст: Зайд Саидов њамоно он мардест, ки устувор ба уфуќњои дури умед дида дўхтааст. Вай њамоно умед аз сарвари давлат дорад, ки замоне гуфта буд: "Саидов З. Ш. беш аз 10-15 миллион доллари амрикоии худро аз хориљ оварда, барои рушди иќтисод сармоягузорї карда истодааст…". Ва њам Зайд Саидов ин умедро њам дорад, ки рўзе озод хоњад шуд... Барои як инсоне, ки њадаф дорад, аз мавлуд то мавлуд кам шудани як соли умр нест, балки ў сол ба сол ба њадафњои худ наздик мешавад. Бобољони ШАФЕЪ

«


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

Уже ни у кого не вызывает сомнения тот факт, что Таджикистан стал равноправным участником мирового сообщества. Те, кто родился и вырос в СССР, привыкли относиться к своей Родине как мировому лидеру, но СССР распался на кучку государств "третьего" мира с той или иной степенью развития и благодаря этому свершилась многовековая мечта таджиков о построении собственного государства. Однако в условиях современных идей глобализации иметь собственное государство уже не достаточно. Надо иметь еще и собственную национальную идентичность, которая складывается из антропологических, языковых, культорологических, этнографических и еще многих других особенностей. В результате складывается схематический образ нации, и именно он является основой национальной идентичности. Это особенно важно для ЦА, т.к. в этом регионе особенно отчетливо ощущается влияние "топорного" геополитического разделения, которое проводили некогда великие державы - Англия и Россия. Не вдаваясь в подробности можно отметить, что в ЦА только таджики обладают полным и логично связанным комплексом упомянутых выше национальных особенностей. Все остальные народности ЦА вели кочевой образ жизни и не создавали в своей истории устойчивых государственных образований. Современная глобализация, характеризуется, прежде всего, стремлением к стандартизации, т.к. идеи глобализации проводятся телекоммуникационными каналами, которые в свою очередь характеризуются стандартным протоколом передачи данных. Подобное стремление к стандартизации касается практически всех сторон жизни и системы формирования идентификации личности в том числе. Здесь имеется в виду формирование национальной системы идентификации личности (имени, отчества и фамилии) в рамках национальных традиций. У таджиков эта система существовала с древнейших времен, однако была практически утеряна за счет введения в период СССР русской системы идентификации личности с использованием русифицированных окончаний. В результате сейчас в Таджикистане мы имеем очень разнородную систему идентификации личности, в которой перемешаны несколько разных систем. В связи с этим в настоящей статье предлагается новая система образования идентификации личности, основанной на национальных традициях. Для этого возьмем условный пример: Имя: Хуршед; Отчество: Парвизджонович; Фамилия: Юсуфов. Все имена взяты условно и никаких умышленных совпадений не предполагалось и если такой человек реально существует, то мы приносим извинения за случайное совпадение. Система идентификации имен должна отвечать современным требованиям и достаточно однозначно определять идентификацию личности внутри и за пределами государства. Система идентификации личности любого государства не может без введения дополнительных параметров выстроить однозначную систему, т.е. это означает, что всегда возникают группы с той или иной численностью, в пределах которой все имена, отчества и фамилии совпадают. Для снижения численности подобных групп используется 3-х ступенчатая система формирования системы идентификации личности внутри государства - имя, отчество и фамилия. Подобный стандарт фактически стал мировым стандартом и соответствует национальным традициям народов мира. Формирование имени у таджиков имеют древние традиции, и имеют смысловую компоненту, т.е. практически все имена переводятся. Зачастую имена у таджиков сложносоставные, т.е. состоят из двух частей: собственно имени и приставки или состоит из двух разных имен. Поскольку в таджикском языке нет разделения на женские и мужские имена, то иногда одно и тоже имя может быть присвоено и мужчине и женщине. В этой ситуации приставка определяет пол и даже социальную группу. Например, в одной и той же семье мальчику родившемуся на Иди Курбон присвоили имя Курбон-бой, а девочке, которая тоже родилась на Иди Курбон назвали Курбон-би. Для мужчин часто используют следующие приставки: -джон, -шо, -бой, -хон, -улло, -дин, а для женских имен: -ниссо, -би, -ия, хон. Приставки -хон означают принадлежность к социальной группе и заимствована из тюрских языков. Приставки -улло и -дин заимствованы из арабского языка и имеют религиозный смысл. Фактически чисто национальными приставками являются -джон, -шед и -пур для мужчин и -ниссо, -би и -духт для женщин. Сложносоставные имена в основном заим-

ЊАМСОЯ

НАЦИОНАЛЬНЫЕ ТРАДИЦИИ И ГЛОБАЛИЗМ ствованы из других народов, т.к. в традиции таджиков сложносоставные имена не применяются. Для обозначения фамилий у таджиков используются специфические приставки -зода, -иён и -ї (ударное "и"). Теперь давайте сформируем систему идентификации личности на основе таджикских традиций с использованием нашего условного примера. Имя будет использоваться как есть, т.к. оно полностью соответствует национальным традициям, т.е. - Хуршед. Для адаптации отчества (Парвизджонович) следует заменить приставку -джон на -пур или зода и исходя из этого следует выбрать соответствующую приставку для фамилии. В результате получатся следующие варианты - 1. Хуршед Парвизпури Юсуфиён; 2. Хуршед Парвиззодаи Юсуфиён; 3. Хуршед Парвизпури Юсуфзода; 4. Хуршед Парвиззодаи Юсуфї; 5. Хуршед Парвизпури Юсуфї. Вариант Хуршед Парвиззодаи Юсуфзода не приемлем ни со смысловой точки зрения, ни с точки зрения логики таджикского языка. Таким образом, исходя из предложенной схемы, каждый выбирает себе наиболее приемлемый с его точки зрения и региональных особенностей вариант. Отсюда следует, что имя собственное используется так как есть, т.к. в него заложены чаяния и надежды родителей и это в какой-то мере является особо значимым и судьбоносным для человека. Единственным требованием является соответствие написания имени правилам грамматики таджикского языка, т.е. приставки записанные как -жон должны быть записаны как -љон (-джон), -шо записаны как -шоњ (на русском произносится как -шо, т.е. буква њ произносится как придыхательная буква х). Формирование женских имен также имеет глубокие традиции и зачастую может носить сложносоставной характер - Бибихаво (бабушка Ева), М��хригуль, Шахрибону и т.д. Приставки Биби-, -гуль, -бону и ряд других носит собственный смысл и могут являться укороченными вариантами имен в бытовом обиходе. При формирование отчества все приставки заменяются на приставки -пур или -зода. Если имя отца не содержит приставок, то к нему все равно добавляются соответствующие приставки (-пур или -зода), которые фактически соответствуют приставке -ович в русском языке. Следует отметить, что приставка -пур не является заимствованной из иранского языка и является модификацией древнего таджикского слова означающего "сын". Сочетание Джамшед Парвизпур будет означать Джамшед, сын Парвиза, что полностью соответствует таджикским традициям формирования системы идентификации личности. При формировании отчества у женских имен используется приставки -духт и -зода. Например, Шахрибону Хуршеддухт или Шахрибону Хуршедзода. Часть системы идентификации личности, которая формирует идентификацию семей, является постоянной частью, которая переда-

ется из поколения в поколение. Обычно эта часть формируется по имени основателя рода или по имена населенного пункта. Например, Хофиз Шерози, Абдулло Рудаки, Хуршеди Юсуфиён. Формирование фамильной части основано на мужских именах и иногда может заменено на название населенного пункта. Шахрибону Хуршеддухти Юсуфиён или Шахрибону Хуршедзодаи Юсуфиён, что означает Шахрибону, дочь Хуршеда из семейства Юсуфиён. К сожалению, в настоящее время в Таджикистане получила определенное распространение система идентификации личности состоящая из двух частей - имени и отчества, что не соответствует требованиям ни современных систем идентификации личности, ни национальным традициям. Такая система имела место у кочевых народов, когда в результате постоянных кочевий и частых военных стычек или участия в военных операциях, мужчины редко доживали до глубокой старости. В результате двухступенчатая система идентификации личности в пределах одного племени могла однозначно осуществить идентификацию личности. В условиях современного общества и в связи с возникновением идей глобализма двухступенчатая система идентификации личности уже не соответствует требованиям и необходимо перейти на трехступенчатую систему, т.е. имя-имя отцаимя семейства. Наиболее приемлемой схемой является схема с использованием приставок -пур и -духт или универсальной -зода. Использование приставки -зода в качестве фамильной приставки нежелательно, т.к. приставка -зода не носит собирательного характера, а указывает конкретно на принадлежность к отцу. Приставки же -иён и -ї носят собирательный характер и вполне соответствуют для формирования фамильной части системы идентификации личности. Исходя из вышесказанного получается следующая формула формирования системы идентификации личности в Таджикистане: имя гражданина - имя его отца или человека, взявшего на себя обязанности отцовства - имя семейства. В условиях перехода от постсоветской системы идентификации личности предложенная схема на условном примере будет выглядеть следующим образом: Старший по возрасту в семье получает возможность сформировать имя семейства по фамилии. Следующее поколение получают имя семейства в наследство. А имя отца формирует вторую ступень в системе идентификации личности. Например, старший по возрасту имеет следующую фамилию и имя или фамилию, отчество и имя по советской системе идентификации личности: Юсуфов Джамшед. Пусть фамильная часть идентификации личности выбрана как Юсуфиён. Джамшед имеет сына Карима и дочь Нигору. Для них система идентификации личности будет следующей: Карим Джамшедпури Юсуфиён и Нигора Джамшеддухти Юсуфиён. В своё оче-

редь сын Карим имеет сына Парвиза и дочь Нигину. Для них система идентификации личности будет Парвиз Каримпури Юсуфиён и Нигина Каримдухти Юсуфиён. Нигора Джамшеддухти Юсуфиён вышла замуж за Хуршеда Хикматпури Шодмониён. У нее тоже сын и дочь: Фаршед Хуршедпури Шодмониён и Дильбар Хуршеддухти Шодмониён. Формирование национальной системы идентификации личности особенно важно в современном обществе ввиду того, что отсутствие национальной системы формирования имен возникает возможность для проявлений панарабизма, пантюркизма и прочих течений, принижающих значение национальной идентичности таджиков. Использование для формирования имен только имена, имеющие арабские корни и зачастую имеющие также религиозное значение не соответствует национальным традициям и даже несет угрозу национальной безопасности. Тоже относится и к тюркским именам. Сложносоставные имена также имеют место среди арабских имен Рахмонали, Шерали или тюрский вариант Алишер, Таварали, Тешаали, Хикматулло, Файзиддин и ряд других. Трудно назвать религиозные имена соответствующим национальным традициям таджиков, т.к. само имя человека считалось священным и зачастую его старались не произносить вслух. Тем более в современном мире, когда ненормативная лексика (нецензурные слова) широко используется и может быть применена по отношению к человеку с религиозным именем, может повлечь оскорбление основ Ислама, что в принципе недопустимо. В связи с этим необходимо в рамках государства создать базу данных с традиционными таджикскими именами и стараться придерживаться этого внутреннего стандарта при рождении ребенка. Желающие дать детям религиозные имена, могут использовать систему второго имени, которое должно быть зарегистрировано в ближайшей мечети с выдачей официального документа религиозного образца. Однако внутри государства и за его пределами необходимо использовать стандартные таджикские имена, на основе которых выдаются официальные документы. При предложенной схеме идентификации личности граждане Таджикистана получат национальную идентичность по фамильным признакам и наличие трехступенчатой системы идентификации личности, которая удовлетворяет международным требованиям к системам идентификации личности. Использование подобной системы идентификации личности особенно важно перед введением карт идентификации личности в Таджикистане, которые станут промежуточным этапом полного внедрения подобной системы на национальном уровне. При этом данная схема должна быть применена для всех без исключения национальностей, проживающих на территории Таджикистана.

Бахтиёр НЕЪМАТПУР


ЊУШДОР БА ОИЛА Бахши мубориза бо фасоди додситонии кулли Шветсия рўзи 24 март дар сомонаи ин нињод хабар дод, ки аз додгоњи Стокњолм, пойтахти ин кишвари аврупої хостааст, ки то тањќиќи парвандаи садњо миллион доллар ришвадињии ширкати шведии TeliaSonera барои роњ ёфтан ба бозори Узбакистон, пурљамъияттарин кишвари Осиёи Марказиро тамдид кунад. Дар ин дархост њамчунин гуфта шудааст, ки Гулнора Каримова, духтари калонии раисиљумњури Узбакистон Ислом Каримов аз сўи додситонии Шветсия ба"ришвахории љиддї" гумонбар дониста мешавад. Муфаттишони швед мегўянд, ба тањќиќи Гулнора Каримова бо гумони ришвагирї дар ивази роњ додани TeliaSonera ба бозори мухобироти Узбакистон шурўъ кардаанд. Ба гуфтаи додситонњо, TeliaSonera дар соли 2007 барои дарёфти муљаввизи 3G ба ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant 2,3 миллиард крони шведї, муодили 358 миллион доллар пул додааст. Takilant аз ширкатњои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов, номбар мешавад. Ин ширкат дар коѓаз ба номи Гаянэ Авакян, яке аз мушовирони наздики Гулнора Каримова, сабт шуда буд. Додситонњои Шветсия гуфтаанд, "мо далоили мушаххасе барои гумонбар кардани Гулнора Каримова дар даст дорем, ки мањз ў, ки дар тўли як муддат дар мансаби давлатї кор мекард, нафаре буд, ки музокирот бо TeliaSonera-ро ташкил ва љараёни онро назорат мекард ва аз ин љараён фоида мегирифт." Додситонии Шветсия то кунун аз Гулнора Каримова дар робита ба як парвандаи шустушўи пулњо, ки низ ба TeliaSonera рабт мегирифт, ном мебурд. Маќомоти Амрикову Њолланд низ фаъолиятњои ин духтари Ислом Каримовро тањќиќ мекунанд. Додситонњои Шветсия TeliaSonera - яке аз бузургтарин ширкатњои мухобиротии Скандинавияро чанд сол боз ба харидани назари мувофиќи намояндагони элитаи сиёсии Узбакистон, аз љумла Гулнора Каримова айбдор мекунанд. Дар изњороти додситонии Шветсия омадааст, ки"ширкати шведї тайи солњои 2007-2010 ба хотири ба даст овардани мављњои лозим ришва медод." Ба њисоби маќомоти Шветсия, фоидае, ки танњо Гулнора Каримова аз ин муомилоти машкук бо TeliaSonera ба даст овардааст, метавонад то 240 миллион евроро ташкил дињад. Ба бовари додситонї, рањбарони ширкати TeliaSonera аз ин муомилот хабар доштанд, вале ба хотири роњ ёфтан ба бозори ояндадори Узбакистон бо зери 30 миллион ањолиаш ба ин њама чашм пўшидаанд. TeliaSonera дар соли 2007 дар пайи харидани ширкати амрикоии "Коском" ба Узбакистон роњ ёфт ва то њол дар бозори ин кишвар тањти бренди "Ucell" фаъолият дорад. Ин ширкат чанд сол пеш ширкати "Индиго-Тољикистон"-ро низ харид ва феълан тањти бренди "Tcell" яке аз ширкатњои пешќадам дар бозори мухобироти Тољикистон низ ба шумор меравад. Ќазияи чи гуна ба бозори Узбакистон роњ ёфтани TeliaSonera дар њоли њозир аз сўи маќомоти Амрикову Швейтсария низ тањќиќ мешавад. Швейтсария рў��и 12 март расман хабар дод, ки алайњи Гулнора Каримова бо гумони даст доштан дар шустушўи пул парванда кушодааст. Бино ба иттилои худи TeliaSonera, ки рўзи 17 март нашр шуд, вазорати адлияи Амрико низ ќазияи чигуна дар соли 2007 дар Узбакистон ба муљаввизи 3G, мављњо ва силсилаи шумораи теле-

11

358 МЛН. ДОЛЛАР ПОРА БА ДУХТАРИ ПРЕЗИДЕНТ Додситонии Шветсия Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистонро расман ба ришвахорї ба маблаѓи садњо миллион доллар аз ширкати шведии TeliaSonera, ки соњиби Тселли Тољикистон низ њаст, айбдор карду падараш ўро њабси хонагї кардааст.

КОРШИНОСОН БАР ОНАНД, КИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАВЛАТСОЛОРЇ КАРДА, МАНФИАТЊОИ ДАВЛАТРО АЗ ОИЛААШ БОЛОТАР ГУЗОШТ фонњо даст ёфтани ин ширкатро тањќиќ мекунад. Тањќиќоти тиљоратњои TeliaSonera дар Узбакистон чанд сол боз идома дорад. Дар маљмўъ дар робита ба ин ќазия танњо дар Швейтсария њисобњои бонкї бо маблаѓи бузурги баробари беш аз 800 миллион франк, муодили 910 миллион доллар, ки як бахши

"ШИРЛАЙН" - дар 20 рўз хароб мешавем! -Воситаи бењамто барои тозаю мулоим намудани организм…. ва рањої аз вазни зиёдатист. -Тањти пўст ва рўйро низ њамвор ва зебо мекунад. ИСТЕЪМОЛИ БЕТАНАФФУСИ ОН ДАР ДАВОМИ 20 РЎЗ ШУМОРО ТО 5 КИЛО ВАЗНИ ЗИЁДАТЇ РАЊОЇ МЕБАХШАД. (2 ќошуќча дар 200 Азмл худамон об омехта техника дар 1 рўзнадорем, 1 бор сањарбарои пеш азњамин хўрок) баъзан Мањсулот дорои сертификат фурўшАгар аз 38як тотрактор 40 корњоямон ба сустї аст. пешНархи меравад. сомонї мехаридем, хеле аз мушкилотамон њал мешуд. Истењсолкунанда Руссия. A3 ДОРУХОНАЊО ХАРИДОРЇ НАМОЕД!

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

«

аъзамаш, бовар меравад, ба Гулнора Каримова тааллуќ дорад, масдуд шудаанд. Тањќиќи фаъолиятњои Гулнора Каримова аз сўи маќомоти кишварњои ѓарбї дар њоле идома дорад, ки ў дар Узбакистон њам мавриди ќањри падари пурнуфузаш ќарор гирифтааст. Дар чанд моњи охир аз Узбакистон, аз љумла, тавассути худи Гулнора Каримова дар бораи боздошти дањњо нафар аз афроди наздик ба ин духтари президент гузориш расид. Худи Гулнора Каримова мўътаќид аст, ки њадафи аслии ин њама таъќибу боздоштњо худи ўст ва дар пушти ин њама Рустам Иноятов, рањбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон истодааст. Рўзи 21 март, дар рўзи Наврўз, бахши узбакии Радиои Озодї номае дарёфт кард, ки бо даст навишта шудааст ва бовар меравад, ки ба ќалами Гулнора Каримова тааллуќ дорад. Ў дар ин нома хабар додааст, ки дар Тошканд тањти њабси хонагї ва "тањти фишори зиёди равонї" ќарор дорад ва њатто латтукўб њам шудааст.

Гулнора Каримова дар ин номаи тўлонї ва пурдард модараш, хоњари хурдиаш - Лола Каримова - ва Рустам Иноятову генералњои дигари узбакро сабабгори таъќиби шадиди 5 моњи охир алайњи худ меномад, бо як лањни хеле тунд ба падараш Ислом Каримов - дармеафтад, ки ба синни 76 расидааст, вале ба љои кушодани чатри мењрубонї болои сари фарзандону наберањо њамаи онњоро батадриљ аз худ дур мекунад. Муаллиф, ки бовар меравад, Гулнора Каримова бошад, њамзамон аз сахт мариз шуданаш дар натиљаи ин "фишорњои равонї" лаб ба шиква мекушояд ва аз Ислом Каримов илтиљо мекунад, ки ўро иљозат бидињад, то барои табобат ба хориљ биравад. Гулнора Каримова, ки 8 июли соли 1972 дар Фарѓона ба дунё омадааст, духтари калонии Ислом Каримов аст. Ў то тирамоњи соли 2013 бо истифода аз њимояти падараш ва атрофиёни ў дар Узбакистон аз нуфузи фавќулоддае бархўрдор буд ва њатто вориси эњтимолии тахти падараш ном бурда мешуд. Ў дањњо ширкату корхона сохта, тими футбол њам дошт бо номи "Бунёдкор", дизайнери либос њам буд ва њатто бо тахаллуси Гугуша овозхонї мекард... Мунтаќидон мегўянд, решаи "комёбїњои ў дар асл номи падараш буд ва Гулнора Каримова бо истифода аз нуфузи худ аксари тиљоратњои муваффаќ дар Узбакистонро зери назорати худ оварда, њатто аз ширкатњои бузурги хориљї барои "њимоят" аз тиљораташон дар ин кишвар "њаќ" меситонд. Аммо тирамоњи соли гузашта, дар пайи расонаї шудани чанд ќазияи фасоди марбут ба Гулнора Каримова, аз љумла парвандаи садњо миллион доллар ришвадињии ширкати шведии TeliaSonera, мавќеи Гулнора дар Узбакистон хеле танг шуд. Мухолифини узбак мегўянд, ин кор бо ризоияти худи Каримов шудааст, зеро бидуни амри мустаќими ў касе дар Узбакистон љуръат намекард, ки њатто пишаки Гулнора Каримоваро пишт гўяд.

«Озодї»


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

БО ШОИР 15-уми апрели соли 1954 дар ноњияи Рашти Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст. Солњои 1972- 1977 дар бахши филологияи факултаи таъриху филологияи Донишгоњи давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко тањсил кардааст. Пас аз хатми институт дар Нашриёти давлатии "Ирфон" (соли 1977-1978), Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Бењзоди Љумњурии Тољикистон (соли 1978-1980), рўзномаи "Комсомоли Тољикистон" (њоло "Љавонони Тољикистон" (солњои 1980-1989), Маркази тарѓиби адабиёти Иттифоќи нависандагони Тољикистон (аз соли 1989 то њоло), шўъбаи фалсафаи Академияи илмњои Тољикистон (соли 1998- 2008) фаъолият намудааст. Аз соли 2004 то ба њол директори идораи Маркази тарѓиби адабиёти Иттифоќи нависандагони Тољикистон мебошад. Солњои 1978-1980 дар сафњои ќуввањои мусаллањи Иттињоди Шўравї хидмат карда, курси кўтоњмуддати мактаби афсариро дар шањри Омск хатм намудааст. Солњои 1984-86 дар кишвари Афѓонистон сафари хидматї дошт ва вазифаи тарљумони забонњои русї-дариро ба љо меовард. Нахустин шеърњояш охири солњои њаштодум дар рўзномањои "Педагоги љавон", "Пионери Тољикистон", "Комсомоли Тољикистон", маљаллањои "Машъал", "Садои Шарќ", "Тољикистони советї", "Маориф ва маданият" ба табъ расидаанд. Ањлиддин Њисорї муаллифи китобњои "Ниёз" (1990), "Нўшдору"(1995), "Шафаќ" (1997), "Нафаси субњ" (2004) ва "Вожањои љон" (соли 2010), "Ватанам ифтихори ман аст" (соли 2010) ва "Минои завќ" соли (2012) мебошад. Мавзўи ашъорашро, асосан мењри миллату Ватан, зебогињои нотакрори табиати кишвар, ишќу муњаббат ба зиндагї ташкил медињад. Шеърњояш дар маљмўањои дастљамъии "Шукуфањои умедбахш", "Модарнома", "Даргоњи падар", "Риштаборон", "Наврўзнома" ва ѓайра чоп шудаанд. Дар тањияи асарњои Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Насриддини Тусї, Саноии Ѓазнавї сањм дорад. Ањлиддини Њисорї њамчун рўзноманигор ва адабиётшинос низ маќолањо ба табъ расондааст. Асарњояш ба забонњои русї, ўзбекї тарљума шудаанд. Дорандаи медалии "Хизмати шоиста" (соли 2010) мебошад. Аз соли 1988 аъзои Иттифоќи журналистон ва аз соли 2004 узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон мебошад. Оиладор, соњиби се фарзанд аст.

АЊЛИДДИН ЊИСОРЇ БАРОБАРИ ДЕВОН Дар мањфили мо, ки суњбати љонон аст, Дар њар нигање сад сухане пинњон аст. Кам гўй сухан, ќиммати он гар хоњї, Афзун, ки шавад њар он чизе, арзон аст. Шарти адаб аст, агар хамўшї ин љо, Дар камсуханї фазилату эњсон аст. Пургуфтану пурхуфтану пурхобидан, Ин шева, магар зи хислати инсон аст! Бењуда магўву њарфи маъниро гў, Як байт гање баробари девон аст.

КУНЉИ ПАНОЊ Ту њамон партави моњї, ки туро мехоњам, Шавќбахшанда нигоњї, ки туро мехоњам. Њаваси оѓўши гармат дилам аз даст бибурд, Кайфари сўзи гуноњї, ки туро мехоњам. Сењру афсуни нигоњат чи њаловат дорад, Ишваи чашми сиёњї, ки туро мехоњам. Шўълаи ќомати ту аќли маро кард забун, Оташи њасрати оњї, ки туро мехоњам.

Дар раги шохањо дигар, хуни бањор медавад, Аз таби муѓчањо магар, бўи бањор мерасад! Ранг ба ранг ин сањар дар нигањам назокатест, Њар тарафе равад назар, бўи бањор мерасад. Атри гул аст мављхез, амбару мушк мављрез, Аз дами боди рањгузар бўи бањор мерасад. Боѓи дилам мааттар аз накњати форами ѓазал Аз суханони ман дигар бўи бањор мерасад.

БАР ЉАВОНЇ БОЗМЕГАРДАМ Аз диёри мењр дар боли насим омад навид, Фасли дай бигзашт дигар хушдилу хуррам шавед. Бас дигар оромиву бо хоб улфат доштан, Ваќти он омад, ки сайри гулшану сањро равед.

Ѓамзаву ноз бувад њамнафаси њусни балеѓ, Љилваи тарфи кулоњї, ки туро мехоњам.

Сабзањо сар мекашанд аз шавќи дидори бањор, Обњо љорист дигар, аз сахои дасти шед.

Ташнаи лутфи туям субњгањон чун хуршед, Шабнами файзи сабоњї, ки туро мехоњам.

Муѓчањо бедор мегарданд аз хоби гарон, Мурѓаке аз ишќ мехонад фарози шохи бед.

Кўњи тамкини маро хирмани кањ печидаст, Панљаи барќ ба коњї, ки туро мехоњам.

Эй савори бодпои бахт, дар сањрои ишќ, Рў ба мулки мењр дорї гар, рањат бодо сафед.

Лашкари дард гање њамла кунад бар љонам, Ту њамон кунљи паноњї, ки туро мехоњам.

ЯК ЗАМОНЕ ИСТ! Њавои шањр боронист, Вале дар шањр борон нест.

Дил дигар аз улфати пирї рањо хоњам намуд, Бар љавонї бозмегардам, ки ишќ асту умед!

ЧОЙИ КАБУДРО БИЁР Шевану шикваро бимон, савту сурудро биёр, Дарди сар аст зиндагї, чойи кабудро биёр.

Дилам пеши кї бикшоям, Љањон аз њамдилон орист. Њаворо дар гулў буѓзест, Нишоне аз аламдорист.

Суњбати хосае маро бо ту зи ишќу сўз њаст, Равзани мењрро кушо, испану дудро биёр.

Ќалоѓи раъд ѓуррон аст, Дурахши барќ бањри кист?

Мањфили суњбат асту њон, хони сухан кушода дор, Њар чи ба дил нуњуфтаї, буду набудро биёр.

Чи ѓам дорад уќоби абр, Ки ашки њасраташ љорист.

Пардаи њусн боз кун, маст шавам зи љилваат, Як-ду карашма ноз кун, рашки њасудро биёр.

Њаросон меравї аз ман, Шитоби ношикебат чист! Надорам дасти зўру зар, Маро наќди њунар зорист.

Бе табу тоби ошиќї лаззати зиндагї куљост, Шавќи дилам зиёда кун, асли вуљудро биёр.

Дилам, ки мебарї бо худ, Худоро, як замоне ист!...

Дасти сахои фасли гул, бин чи ќадар назокатест, Лутфи саховате намо л��ззати људро биёр.

БЎИ БАЊОР Аз гули чењраи сањар, бўи бањор мерасад, Аз рањи раставу гузар, бўи бањор мерасад. Сардии моњи дай гузашт, эй ту ба хоб то ба кай, Хезу ба пуштањо нигар, бўи бањор мерасад.

Маънии њастиям туї, варна дар ин љањон дигар, Дарди сар аст зиндагї, чойи кабудро биёр.

ПАНОЊИ МО Бањору боѓи дилкушо туї, ватан, Сафои љисму љони мо туї, ватан.

Ба номи ишќ њамчу мењри љовидон, Ба синањо гирифта љо туї, ватан. Табиби захму ранљњои беши дил, Ба дардњои мо даво туї, ватан. Миёни кучиёни камхирад њаме, Паноњи мо зи њар бало туї, ватан. Ба бахти мо дар ин љањони тираранг, Бањори сабзи пурзиё туї, ватан. Чи беканор буд сарзамини ту, Ба марзу бум муддао туї, ватан. Ба зери осмон чи бахти бегазанд, Дар ин замин, ки мутакко туї, ватан. Њавои мењри ту шукуњи љони мо, Бањору боѓи дилкушо туї, ватан.

ПАНОЊИ ТОЉИК

ЧОР РЎЗЕ… Дар набарди зиндагї мардона бош, Дар сарои умр соњибхона бош. Бо нигоњи хеш бар олам нигар, Мултаќиди ину он асло мабош. Пушти по зан олами сўду зиён, Аз тамалуќпешагон бегона бош. Љањлу ѓафлат тирарўзат мекунад, Равшанї хоњї агар фарзона бош. Чанд дар андешаи љоњу љалол, Як-ду рўзе вориди афсона бош. То мабодо иблисат аз рањ занад, Чашм во кун, оќилу фарзона бош. Эътиборе хоњї дар бозори фазл, Гавњаре мебош ё дурдона бош.

Бањори орзуњоям Душанбе, Гулистони таманноям Душанбе.

Ќолаби андешаро гањ-гањ шикан, Як-ду навбат бехуду девона бош.

Арўси нози гулгашти бањорон, Чаманзори шукуфоям Душанбе.

Ишќ њимматхоњу ѓайратпарвар аст, Оташе мебош ё парвона бош.

Ба чашмам боѓи Фирдаси баринї, Ту, эй гулбоѓи зебоям, Душанбе.

Чор рўз аст ин њаёт, эй Ањлиддин, Дар набарди зиндагї мардона бош.

Бањори умри ман сарсабз дар туст, Хумори ишќу савдоям Душанбе. Паноњи тољикони рўи олам, Туи имрўзу фардоям Душанбе. Туро аз партави ишќ офариданд, Туї њусни ѓазалњоям Душанбе. Ѓуруре сар кашиду Ањлиддин гуфт, Самарќанду Бухороям Душанбе.

БО НАФАСЊОИ ТУ Аз фуруѓи мењри ту дорад сафо њар субњи ман, Бо нафасњои ту гирад ибтидо њар субњи ман. Бисмилоњи рўзи ман хуршеди ёди њусни туст, Аз ту, эй хуршед мегирад зиё њар субњи ман. Ин љањони пирро бо эътимоди рўзи нав, Аз ѓаму андўњ месозад рањо њар субњи ман. Бо хаёли навбањори њусни рангомези ту, Аз шафаќ бо шавќ мебандад њино њар субњи ман. Аз бисоти офтоби шуълатоби зарфишон, Мекушояд дар рањат дасти сахо њар субњи ман. Дар суљуди сидќи худ аз даргањи парвардигор, Бахту иќболи туро дорад дуо њар субњи ман. Дил агар орому хомўш аст парвое макун, Њурмати мењри туро орад ба љо њар субњи ман. Бехуди мењри ту дар авроќи барги лолањо, Бо муњаббат менависад номањо њар субњи ман. Ширмоли кулчаи рўят кушояд иштињо, Аз љамоли ту њамегирад ѓизо њар субњи ман. Ишќи шањрошуби ту бидњад маро рўњу мадор, Дар билоди умр гардад рањнамо њар субњи ман. Дар дили ороми шаб як лањза ё худ соате, Бе хаёли ту магар монад маро њар субњи ман.

ШАБИ ЁД Шабе ёд аз ту мекардам, Диламро сўзу шеван буд. Замин аз сабзаву гул љомаи гулранг бар тан дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Њаво бўи алаф мекард, Гули исторањо бишкуфта буду бод шеван дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Хаёлам боѓу гулшан буд. Чун аз эњсос медидам, Ѓизоле дар бисоти сабзи пањнои ѓазалњоям, Чамидан дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Чароѓи моњ равшан буд. Њамовои суруди љўйбору наѓмањои бод, Дарахтон раќс мекарданд. Бањор аз пуштањо бар шањр меомад, Бањорињо ба доман дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Шаби танњоии ман буд, Хаёли ќоматат дар мисраи андеша мепечид, Табассумњои ту дар ёди ман байту ѓазал мешуд, Ѓизоле њарфњои сабзи шеърамро чаридан дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Зи тарфи растаи њарфу њиљову мисрањои шеър, Садои нозуки савти ќадамњои касе бар гўш меомад, Касе дар байтњои ман басе ором, Басе хомўш меомад. Дари сабзи ѓазал во кардаму дидам, Худоё, ин ту будї њарфњо дар лаб, Ва чашмони пур аз мењрат Нигоњи гарм бар ман дошт. Шабе ёд аз ту мекардам, Шаби хушкомии ман буд, Чароѓи моњ равшан буд, Ва боѓи осмон аз ахтарон дар базми мо дигар, Њазорон ќандиле аз мењр равшан дошт.


ВОКУНИШ Маводи мазкур, ки дар он андешањои муаллиф бобати љобаљогузории кадрњо дар вилояти Суѓд оварда шудааст, бо иштироки коршиносон мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки љобаљогузории њайати роњбарикунандаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят тибќи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї гардидааст. Аз љумла: Ёќубов Анвар Шавкатович ва Мањмадуллоев Хайрулло Амонуллоевич дар асоси аризаашон, бо розигии Президенти Љумњурии Тољикистон ба вазифаи муовинони раиси вилоят таъин гардида, Норинов Љамшед Нурмањмадович, бинобар ба кори дигар гузаштан ва Ќаюмов Мубинљон Муъминович дар асоси аризаи шахсиаш аз вазифа озод карда шудаанд. Назаров Обид Одилович ва Љалолов Саидмухтор низ дар асоси аризаашон аз вазифа озод карда шуда, Набиев Ориф Абдуллоевич ва Бобољонова Муњаббат Маљидовна бо мувофиќа бо вазоратњои дахлдор сардорони раёсатњои фарњанг ва маорифи вилоят таъин гардиданд. Дар масъалаи кадрњои хуб будани ашхоси дар маќола зикршуда гуфтанием, ки онњо мутахассиси соњаи худ њастанд ва минбаъд низ метавонанд дар татбиќи сиёсати давлату њукумат сањмгузор бошанд. Таъиноти Шарипов Аминљон Абдуѓаффорович, ба вазифаи мудири шуъбаи иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси вилоят, аз њисоби захираи кадрњои роњбарикунандаи категорияи сеюм сурат гирифтааст. Ногуфта намонад, ки мавсуф, аз рўи натиљањои аттестатсияи хизматчиёни давлатї, ба захираи кадрњои роњбарикунандаи категорияи олї ворид карда шудааст. Меъёри истифодаи нерўи барќ, бошад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

«

13

Ќиёми гапро бигўем Ба маќолаи Ќиёми Рањдур тањти унвони "Сабукдуш шуд, то ки боз..." ("Нигоњ" аз 08.01.2014, №41) Масалан, барои моњи январ ба ањолии вилоят 7 миллиону 900 њазор кВт.соат, аз љумла, барои шањри Хуљанд 2 млн. 300 њазор кВт.соат нерўи барќ људо шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки дар њамин давраи соли гузашта низ меъёр барои шањри Хуљанд њамин миќдор буд ва ањолї, ќариб бе ягон мањдудкунї, бо барќ, таъмин буд. Зимнан, дар ин муддат дар шањри Хуљанд иќтидорњо то 30% ва истифодабарии нерўи барќ низ, ба њамин миќдор, афзуд. Биноан, ин масъаларо ба ивазшавии роњбарияти вилоят рабт додан аз рўи адолат нахоњад буд. Айни замон таќсимоти меъёри истифодаи нерўи барќ дар моњи феврал барои шањри Хуљанд, аз љониби раиси вилоят, 2 млн. 450 њазор кВт.соат муќаррар карда шудааст. Агар шањрвандон нерўи барќро сарфакорона истифода баранд, меъёри људогардида ба истифодаи шабонарўзии ањолї басанда хоњад буд. Доир ба ваљњи дигари муаллиф, аз љумла, ташвиќу таблиѓи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон. Матни пурраи Паём дар рўзномањои вилоятии "Њаќиќати Суѓд", "Согдийская правда", "Суѓд њаќиќати", рўзномањои мањаллї ба табъ расонида шуд ва бо ташаббуси шуъбаи рушди иљтимої дар шакли китобчаи ало-

Айни замон таќсимоти меъёри истифодаи нерўи барќ дар моњи феврал барои шањри Хуљанд, аз љониби раиси вилоят, 2 млн. 450 њазор кВт.соат муќаррар карда шудааст. Агар шањрвандон нерўи барќро сарфакорона истифода баранд, меъёри људогардида ба истифодаи шабонарўзии ањолї басанда хоњад буд.

Љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009 тадти №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", маќолаи шањрванд Дўстматов А. бо номи ""Ѓорати судї" Чї гуна судя Ѓуломов ќонунро ѓуломи худ мекунад", ки дар њафтаномаи "Нигоњ" 13-уми ноябри соли 2013 тањти №34 (362) ба нашр расидааст, бо омўзиши маводи парвандаи љиноятї мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Бо њукми суди ноњияи Куњистони Мастчоњи вилояти Суѓд аз 11-уми июни соли 2013 Яќубов Њ. бо моддаи 247 ќисми 4 банди "б" КЉ Љумњурии Тољикистон бинобар дар њаракатњояш набудани аломатњои таркиби љиноят сафед ва ба ў бо моддаи 237 ќисми 2 бандњои "б" ва "в" КЉ Љумњурии Тољикистон љазои мањрум сохтан аз озодї ба мудлати 7 моњу 2 рўз бо адо кардани љазо дар колонияи ислоњии дорои низоми умумї таъин карда шудааст. Чораи пешгирї нисбати Яќубов Њ.М. дар њабс нигоњ доштан бекор карда, ў бинобар адои пурраи љазои таъиншуда аз толори маљлисгоњи судї озод карда шудааст. Инчунин бо њукми мазкур Ќобилов М. бо моддаи 237 ќисми 2 бандњои "б,в" КЉ Љумњурии Тољикистон гунањгор до-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

«

њида, ба теъдоди 250 нусха нашр ва дастраси тарѓиботчиёну оммаи васеи ањолї гардид. Санаи 30-юми апрели соли 2013 дар вилоят дар мавзуи "Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии кишвар -роњнамои љомеа" рўзи ахбори ягона баргузор гардид, ки бо иштироки олимону адибон ва тарѓиботчиёни вилоят дар сатњи баланди ташкиливу сиёсї гузашт Аз 29-уми апрел то 9-уми май дар њавзањои интихоботї вохўрињои вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии кишвар бо ањолии шањру ноњияњои вилоят, якљоя бо намояндагони маќомоти вилоятї ва мањаллї, баргузор шуд. Дар вохўриву мулоќотњо, баробари шарњу эзоњи нуќтањои муњими Паём, ба саволу дархостњои иштирокчиён посухњои ќаноатбахш

Шикояткунанда ба суди болої мурољиат намояд

ниста, ба ў љазо дар намуди љарима ба андозаи њазор нишондињанда барои њисобњо ба фоидаи давлат таъин карда шудааст. Муаллифи маќолаи мазкур бархилофи талаботњои сархати 3 моддаи 7 ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" ва моддаи 26 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма",

ки мувофиќи он воситањои ахбори омма ва журналист њуќуќ надоранд дар ахборашон натиљаи пешакии мурофиаи судии баррасии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он ќарор эътибори ќонунї пайдо накардааст, мавриди муњокима ќарор дињанд, амал намуда, маќолаи мазкурро нисбати њукми эътибори ќонунї пайдо накарда, дар њафтаномаи номбурда, ба чол расонидааст. Инчунип мувофиќи талаботи мод-

дода шуд. Дар ин хусус њамчунин аз тариќи телевизиону радиои вилоятї ва мањаллию хусусї низ барномањои махсус, суњбату мизњои мудаввар тањия ва манзури тамошобинон гардиданд. Бањри њарчи бештар тарѓиб намудани Паёми Сарвари Давлат дар марказњои ањолинишини шањру ноњияњо, пештоќи биноњои маъмурию истиќоматї шиору овезањо ва тахтањои махсуси тарѓиботї, бо иќтибос аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон насб гардидаанд. Бармегардем ба сари баъзе далелњои мавод, аз љумла, даъвои "... ба курсии сардори Раёсати маорифи вилоят таъин шудани Осим Каримов", ки дурўѓи мањз буд, "... бори гарони идеологияи вилояти Суѓд..." - ро кашидани Саидумрон Саидов, ки инро вазифаи ишѓолкардааш таќозо менамуд, интиќоди Абдуњаким Шарифов, ки имруз роњбарии шуъба оид ба корњои дини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ба хубї уњда менамояд ва ѓайра. Ба диќќати муаллифи маќола расониданием, ки таъини мудирони шуъба, сардорони раёсату сарраёсатњо, дигар сохторњои вилоятї пеш аз њама аз њисоби захираи кадрњои роњбарикунандаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят сурат мегирад, ки метавонанд соњањои гуногуни хољагии халќро роњбарї намоянд. Биноан, њољат ба маслињати ба ќавле "коршиносон" (тавре муаллиф ишора кардааст) нест. Биёед, љаноби Ќиёми Рањдур, ќиёми гапро бигўем, ѓаразро як сў гузошта, pањи њаќиќатро ба мардум наздик намоем. Љумъабой САНГИНОВ, муовини якуми раиси вилояти Суѓд даи 136 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистои "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" санљиши ќонунї будани санадњои судие, ки судњои поёнї ќабул намудаанд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонун аз љониби суди болої сурат мегирад. Омўзиши маводи парванда нишон дод, ки аз рўи эътирози кассатсионї ва шикояти кассатсионии њимоятгар Насриддинов М.М. аз тарафи коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓд бо иштирокчиёни мурофиаи судї ва иштироки худи љабрдида Дўсматов А. парванда, баррасї шуда бо таъиноти коллегия аз 20-уми ноябри соли 2013 њукми судї Куњистони Мастчоњи вилояти Суѓд аз 11-уми июни соли 2013 бе таѓйир, эътироз ва шикояти кассатсионї беќаноат монда шудааст. Дар таъинот ба ваљњои овардаи маќола, эътироз ва шикояти кассатсионї љавоб дода шудааст. Дар сурати розї набудан бо санадњои судии боло зикршуда шахсони иштирокчии парванда бо тартиби пешбининамудаи ќонун њуќуќи аз болои онњо овардани шикояти назоратиро ба марњилаи болоии судї доранд. Бахши нашр ва маркази иттилоотии Суди Олии Љумњурии Тољикистон


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

4 (ё беамалї)-и маќомоти андоз ба манфиати андозсупоранда расонидашуда, суд вазифадор нест, ки "дар мўњлати як моњ ё ин ки дањ рўз"-и пешбиникардаи моддаи 292 - и Кодекси љиноятии ЉТ, бањси андозсупорандаро бо маќомоти андоз баррасї намуда, ба он ќарори дахлдор ќабул намояд. Амалия нишон медињад, ки баъзан оид ба ин масъалањо баррасии даъвоњои тарафайн дар судњои умумишањрвандї, иќтисодї ва конститутсионї метавонад на танњо моњњо, балки солњо, новобаста аз хосту иродаи андозсупоранда давом ёбад. Дар амалия, агар андозсупоранда баъди ќабули ќарори дахлдор оид ба маблаѓи андозњо ё ислоњу иловањо, фоизњо ва љаримањои аз љониби маќомоти андоз њисобкардашударо дар "мўњлати сї ё ин ки дањ рўз"-и пешбинигардида насупорад, барои њимояи њуќуќу манфиатњои худ новобаста ба суд мурољиат кардани соњиб-

ДАР ЊИФЗИ СОЊИБКОРЇ Ба эзоњи моддаи 292 - и КЉ ЉТ бояд таѓйирот ворид карда шавад! Ба маќсад мувофиќ мебуд, агар ба эзоњи моддаи 292-и Кодекси љиноятии ЉТ ба мазмуни зайл таѓйирот ворид карда шавад: "Дар њолати пеш омадани зарурати бекор кардани ќарори ќабулнамудаи маќомоти андоз оид ба саркашї аз супоридани андозњо ва ё пардохтњо, андозњои бар илова њисобкардашуда, фоизњо ва љаримањо ба суд мурољиат намудани субъекти хољагидор, мўњлати оѓози парвандаи љиноятї, супоридани андозњо, пардохтњо, фоизњо ва љаримањо то ќабули ќарори нињої оид ба ин бањсњо ва эътибори ќонунї пайдо намудани он боздошта шавад". Шояд агар чунин њолат вуљуд медошт, даъвои соњибкор ба суд маъние пайдо мекард, вагарна дар сурати мављуд будани бањс њам маќомоти дахлдор метаво-

ягон маќоми давлатї њуќуќ надода, баръакс ба амалишавии он кафолат додаст, вале дар Кодекси андоз ин кафолат танњо ба њуќуќтатбиќкунанда дода шуда, њуќуќи андозсупоранда сарфи назар карда шудааст. Агарчи дар Сарќонун наќши њокимияти судї оид ба бевосита амалї намудани њуќуќ ва озодињои инсон, баррасии бањсњои њуќуќї миёни маќомоти давлатї ва шањрвандони дар байни дигар рукнњои њокимияти давлатї таъйид шуда њимояи судї њамчун њуќуќи шахс (воќеї ва ё њуќуќї) муќаррар шудааст, вале дар амалия Кодекси андоз табиќи онро зери суол бурдааст. Ин маънои онро дорад, њар кас њуќуќи ба суд мурољиат карданро дорад, вале чї тавре мебинем, меъёрњои дар банди 2, моддаи 82 - и Кодекси андоз ва эзоњи моддаи 292 - и Кодекси љиноятї муќарраргардида, ба талаботњои Конститутсия, Эъломияи њуќуќи башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, комилан мухолиф мебошанд, зеро ба рас-

Кодекси граждании Тољикистон мухолиф буда, дар амалия заминаи ба вуљуд омадани муносибатњои коррупсиониро байни маќомоти андоз ва андозсупорандагон гузоштаанд.

Хешутаборчигї Хеле аз коршиносон омили дигари зиёд будани сатњи фасодро дар маќомоти андоз аз он медонанд, ки зимни интихоби кадрњо на ба тахассус, балки ба "худињо" бештар таваљљўњ мешавад. Аз љумла дар шарњи гузориши расонањо рољеъ ба таиноти Бахтиёр Муњаммадљонов ба вазифаи Раиси андозсупорандагони калони љумњурї навиштаанд, ки "Бахтиёр Муњаммадљонов љияни як мансабдори дигар дар Кумитаи андоз аст. Агар тибќи Ќонун гирем ќонун дар як кумита ба хешу табор додани мансабро манъ мекунад". Тибќи гузориши расонањо, Бахтиёр Муњаммадљонов 4 моњ дар ваќти беморї њамроњи Раиси Кумитаи андоз дар Олмон ќарор доштааст. Кї кормандашро ин кадар ваќт

Кодекси мухолиф - 2

Манфиати андозсупорандањоро чї тавр Кодекси андоз "фаромўш" кардаасту маќомоти андоз љои хешутаборбозї гаштааст? кор, маќомоти андоз ё њифзи њуќуќ, "асоси њуќуќии" дар њаќќи андозсупоранда аз рўи аломатњои моддањои 292 ва 293 Кодекси љиноятии ЉТ оѓоз намудани парвандаи љиноятї ва њатто ба љавобгарї кашидани андозсупорандаро доранд. Яъне маќомоти њифзи њуќуќ ё андоз аз муќаррароти дар эзоњи моддаи 292 - и Кодекси љиноятї пешбинишуда истифода карда, метавонанд андозсупорандаро ба пардохт намудани андозњо, фоизњо ва љаримањои нодурусту барзиёд њисобнамудаи маќомоти андоз њатто ќиман ё пурра беасосу ѓайриќонунї бошад њам, ба василаи тањдиди "оѓози парвандаи љиноятї ё ба љавобгарии љиноятї кашидан" маљбур намояд. Меъёри мавриди назар ба маќомоти њифзи њуќуќ ва нозироти андоз имкон медињад, ки ин меъёрњоро њамчун фишанг "фишороварию таъсиррасонї" ё "тањдид" истифода карда, андозсупорандагонро водор ва ё ба маънои дигар "маљбур" намоянд, ки ќарори ќабул кардаи онњоро, њатто ѓайриќонунї њам бошад, иљро намуда, баъдан ба суд мурољиат намоянд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин њолат ќонунгузор њар шањрвандеро, ки ба фаъолияти соњибкорї оѓоз менамояд, пешопеш "љурмдошта" "эълон карда", маќомоти андозро, ки масъулияти пешбурди назоратро оид ба таъмини пардохти андозњо ба дўш дорад, "њаќ" мешуморад. Омилњои мазкур амал кардани принсипњои "эњтимолияти бегуноњї", "волоияти ќонун", "баробарии њама дар назди ќонун", "доштани њаќќи њимояи њуќуќњо ба василаи суд", сарчашмаи њамаи ќонунњо ва ќонуни асосии кишвар будани Конститутсияи Тољикистон" ва њатто "афзалияти санадњои байналмилмилалии эътироф намудаи Тољикистон нисбат ба санадњои меъёрии њуќуќии миллї"-ро зери суол ќарор медињанд. Дар њама давлатњои њуќуќбунёд, дар њолати мављудияти бањсњои судї, то баровардани њукми нињоии суд њама гуна пардохтњо боздошта мешаванд, вале дар Кодекси андози ЉТ чунин њолат пешбинї нашудааст ва њатто дар сурати мављудияти бањсњои судї њам, соњибкор маљбур аст, ки новобаста ба ѓайриќонунї будани ќарори масъулини маќомоти андоз, дар давоми як моњ, пардохтњо ва дигар андозњои бар илова њисобшуда, фоизњо ва љаримањоро пардохт намояд.

нанд аз болои соњибкор парвандаи љиноятї оѓоз намоянд. Баррасї нишон медињад, ки муќаррароти дар эзоњи моддаи 292 - и Кодекси љиноятї ва банди 2, моддаи 82 - и Кодекси андоз муќарраргардида, аз сабаби ба муќаррароти Конститутсия ЉТ, Эъломияи њуќуќи бошар (1948), Паймони байналмилалї оид ба њуќуќї шањрвандї ва сиёсї (1966), кодексњои гражданї, мурофиаи суди иќтисодї мутобиќ набудан ва мухолифат доштанашон, њамчун меъёри бавуљудоварандаи омилњои коррупсионї, ба чашм мерасанд. Ќобили тазаккур аст, моддаи 19 - и Конститутсияи ЉТ ба таври мушаххас таъйид кардааст: "Хар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб на��ояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун асос ёфтааст, баррасї намояд". Аммо, тањлилњо нишон медињанд, ки дар Кодекси нави андоз ин муќаррароти Сарќонун сарфи назар шудааст. Дар моддаи 8-и Эъломияи њуќуќи бошар зикр карда шудааст: "Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њукукњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад". Аз ин бармеояд, ки давлат чун шакли мадании ташкили њокимияти оммавию сиёсї масъулияти эътироф, риоя ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро ба дўш гирифта бошад њам, вале меъёрњои дар банди 2, моддаи 82 - и Кодекси андоз ва эзоњи моддаи 292 -и Кодекси љиноятї муќарраргардида, аз љониби давлат таъмин намудани ин меъёрњоро ѓайриимкон мегардонад. Гузашта аз ин, маълум аст, ки давлат тавассути рукнњои маъмули њокимият ба мисли ќонунгузор, иљроия ва судї ўњдадорињояшро барои таъмини њимояи њуќуќу манфиатњои инсон ва шањрванд амалї менамояд, ки њимояи он ба дўши маќоми судї вогузор мешавад. Аммо дар меъёрњои мавриди назар ин муќаррароти асосї ва умумии Конститутсия сарфи назар карда шудааст. Дар Тољикистон тибќи ќисми 1, моддаи 19 - и Конститутсия "ба њар кас кафолати њифзи судї муќаррар карда шудааст", яъне давлати Тољикистон њимояи судии њуќуќро њимояи афзалиятнок эътироф намуда, бе њељ гуна истисно оид ба он ба

миёти соњавї бар хилофи муќаррароти Ќонуни асосї афзалият медињад.

Ваќте Сарќонун сарфи назар мешавад, адолати судиро дар соњаи соњибкорї кї бояд барќарор кунад? Адолати судиро дар соњаи соњибкорї бояд судњои умумишањрвандї ва иќтисодї ба амал бароранд. Тибќи талаботи Сарќонун товони зарари моддї ва маънавие, ки дар натиљаи амали ѓайриќонунии маќомоти давлатї ва ё шахсони алоњида расонида мешавад, мувофиќи ќонун бояд рўёнида шавад (моддаи 32). Мувофиќи моддањои 11 сархати 5, моддањои 12, 13, 16, 1084 - и Кодекси граждании ЉТ зиёне, ки дар натиљаи амал (беамалї) - и ѓайриќонунии маќомоти њокимияти давлатї, ќабули санади хилофи ќонун ворид шудааст, аз љониби маќомот љуброн карда мешавад. Асос барои љуброни зарар, тибќи муќаррароти ќонунгузории гражданї, амале ѓайриќонунї дониста мешавад, ки талаботи ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї поймол шудаву ба инобат гирифта нашуда бошанд. Беамалї - иљро накардани ўњдадорињое, ки ба зиммаи маќомот гузошта шудааст. Аз љумла, ќабул накардани санадњо, иљро накардани амалњое, ки мувофиќи ќонун бояд анљом дода мешуданд. Аз муќаррароти ин меъёрњо бармеояд, ки андозсупоранда њуќуќ дорад ба суд бо аризаи даъвогї оид ба рўёнидани зараре, ки маќомоти давлатї бо амалї ѓайриќонунї расонидаcт ва ё беътибор донистани санад (амал) ва ќатъ намудани он мурољиат намоянд. Гузашта аз ин, Кодекси гражданї њуќуќи рўёнидани зиён ва зарари ба шахсони воќеї ва њуќуќї расонидашударо ќисми таркибии њуќуќи онњо мањсуб медонад. Далелњо нишон медињанд, ки меъёрњои њуќуќии дар банди 2, моддаи 82 - и Кодекси андоз ва эзоњи моддаи 292 - и Кодекси љиноятї муќарраргардида, ба муќаррароти моддањои 1, 9, 10, 12, 14, 17, 19, 20, 31, 32, 42, 45 84, 87, 88 Конститутсияи Тољикистон, ба моддањои 8 ва 10 - и Эъломияи њуќуќи башар, моддаи 14 - и Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, моддаи 11, сархати 5 - и моддаи 12, сархатњои 1 ва 2-и моддаи 13, моддањои 16, 1084, 1085, 1086 - и

бо худ њамроњ мегирад? Барои ин шахси хеле боваринок будан зурур аст. Барои он ки коррупсия дар маќомоти андоз билкул барњам дода шавад, бояд нахуст моддањои Кодекси андоз ба Сарќонун мутобиќ карда шавад ва баъдан дар интихоби кадрњо на ба мањаллу хешу табор, балки ба дараљаи тахассус ва касбият диќќат карда шавад. Бори дигар: далелњои мазкур, ба гурўњи омилњое ворид мешаванд, ки ба амнияту субот ва пешрафти иќтисодиёти кишвар, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тањдид дошта, заминаи ба вуљуд омадани онњоро номукамаллию номутобаќитињои меъёрњои њуќуќии дар кодексњои андоз ва љиноятї пешбинигардида гузоштаанд, ки зарурати гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиониро аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї - Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза ба коррупсияи ЉТ таќозо менамояд. Зеро ин меъёрњо, меъёрњои коррупсионие мањсуб мешаванд,ки аломатњои хоси дар моддаи 5 - и Ќонуни ЉТ "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадњои меъёрии њуќуќї ва лоињањои санадњои меъёрии њуќуќї" зикршударо фаро мегиранд. Дар ин бањс мо дар бораи омилњо ва меъёрњое сухан рондем, ки ба фазои сармоягузории кишвар халал эљод мекунанд ва таъмини кафолатњои њуќуќии соњибкоронро ѓайриимкон гардонида, раванди љорї намудани низоми бењтари андозбандї ва имтиёзњои ќобили раќобатро ба таъхир мегузоранд. Аз масъулини Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ даъват менамоем, ки бо љалби коршиносони мустаќил як назарсанљии мустаќилро дар байни соњибкорон љињати муќаррар намудани мушкилоти дар соњаи андоз љойдошта роњандозї намуда, дар асоси он барои ба роњ мондани муносибатњои самаранок байни маќомоти андоз ва андозсупорандагон вобаста ба иљрои ўњдадорињои андоз тадбирњо андешанд. Мо тайёрем бо воситаи нашрия ва сомонаи www.tojnews.tj дар ин назарпурсї кўмак кунем ва сањмгузор бошем. "...ќонунгузор њар шањрвандеро, ки ба фаъолияти соњибкорї оѓоз менамояд, пешопеш "љурмдошта" эълон карда, маќомоти андозро, ки масъулияти пешбурди назоратро оид ба таъмини пардохти андозњо ба дўш дорад, "њаќ" мешуморад".


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ЧАРО? ЧАРО БАРОИ ТАШХИС НАРХИ ЯГОНА ВУЉУД НАДОРАД? - Чандест, ки аз рўи зарурат ќариб дар тамоми беморхонањои Душанбе аз ташхис гузаштаам. Ќимати ташхиси пешоб ва хун дар беморхонањо аз њам фарќ мекунад. Агар дар як бинои Ќарияи Боло барои ташхиси пешобу хун то 15 сомонї супорї, дар бинои дигар ин гуна ташхис камтар аст. Њамчунин ќимати ташхис дар беморхонањои маъруф бо "Медгородок", "Скорий" низ ягона нест. Њатто дар баъзе беморхонањо табибоне њастанд, ки ташхис ва УЗИ-и баъзе беморонро бепул мекунанд. Чаро барои ташхис ќимати ягона вуљуд надорад? Духтурон аз рўи кадом меъёр ба ташхис нарх мегузоранд? Њалима МУРОДОВА, корафтодаи беморхонањои шањри Душанбе - Тибќи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї, ки бо ќарори ЊЉТ аз 2-юми декабри соли 2008, тањти №600 тасдиќ шудааст, ба бахшњои ёрирасони (озмоишгоњ, бахшњои ташхисї) муассисањои системаи давлатии тандурустї хизматрасонии музднок иљозат дода шудааст. Арзиши хизматрасонии ташхисњо дар муассисањои системаи давлатии тандурустї ягона буда, дар асоси нархномаи намуд ва њаљми хизматрасонињои тиббї ба ањолии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї, ки аз тарафи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо Хадамоти зиддиинњисории назди ЊЉТ тасдиќ гардидааст, пардохт карда мешавад. Тибќи ќоидаи пардохт ва њам пардохти хизматрасонињои тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї, ки бо фармоиши якљояи Вазорати тандурустї ва Вазорати молия аз 12-уми сентябри соли 2011, тањти №504 - 58 тасдиќ карда шудааст, ду номгўи категорияи шањрвандон барои гирифтани хизматрасонињои тиббии ройгон њуќуќ доранд, аз љумла; Номгўи 1 аз рўи маќоми иљтимої: - маъюбони Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда (маъюбони ЉБВ, маъюбон аз њисоби иштирокчиёни ЉБВ, маъюбони амалиёти љангї дар ќаламрави дигар давлатњо, маъюбони њимояи сохти конститутсионї); - иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї; - нафаќахўрони ањамияти љумњуриявї; - иштирочиёни бартарафсозии садамаи Нерўгоњи барќи атомии Чернобил; - маъюбон (маъюбони осеби мењнатї, беморињои касбї, беморињои умумї, маъюбони Артиши Шўравї, маъюбони овони кўдакї); - кўдакони то 1 сола; - кўдакони маъюб; - аъзои оилањои камбизоат ва шањрвандони яккаву танњои камбизоат; - шањрвандони бекор, ки расман дар маќомоти шуѓли ањолї ба ќайд гирифта шудаанд; - пиронсолони аз 80 сола боло; - ветеранњои Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда-шањрвандони давлатњои аъзои ИДМ; - маъюбон - гурезањо ва паноњљўяндагони хориљї, ки ба таври расмї дар њудуди Тољикистон будубош менамоянд. Номгўи 2 аз рўи нишондињандањои тиббї (беморињои асосї): - беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар ду њафтаи аввал); - беморони мубталои саратон дар марњилаи 3-4; - беморони мубталои гемофилия; - беморони мубталои махав; - беморони мубталои бемории њорї; - беморони мубталои гулизиндонак (дифтерия); - беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС); - беморони гирифтори бемории диабети ќанди навъи аз инсулин вобаста буда; - кўдакони то 5 сола, ки гирифтори беморињои дарунрав ва шадиди роњњои нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ЊББК). Эзоњ: дар сурати хуруљи беморї ва эпидемияи беморињои сироятї дар минтаќањо Фонди эпидемиологї таъсис дода шуда, чорабинињои зиддиэпидемикї ва мадади тиббию санитарї ба ањолї аз њисоби њамин фонд расонида мешавад. Ба саволи Шумо Саидалї ЊАФИЗОВ, сардори Раёсати иќтисодї ва банаќшагирии буљети соњаи тандурустии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон љавоб дод.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

?-И НОБОБ - Дар баробари кўдакони солим дар Тољикистон кўдакони дорои имконияташон мањуд низ умр ба сар мебаранд. Онњоро маъюб гуфтан хатост. Онњоро баъзе имкониятњояшон мањдуд аст, аммо аќлу нерўи зењниашон баробари кўдакони солим аст. Дар кишварњои пешрафта кўдакони дорои имконияташон мањдуд баробари њамсолони худ дар як синф новобаста аз он ки баъзе имконияташон мањдуд аст ё не, якљоя тањсил мекунанд. Аммо дар Тољикистон ин таљриба чандон маъмул нест. Оё Вазорати маорифи Тољикистон наќша дорад, ки чун давлатњои пешрафта чунин шароити тањсилро ба кўдакони тољик фароњам орад? Шароити тањсил барои кўдакони дорои имконияташон мањдуд дар Тољикистон кай бењтар карда мешавад? Санавбар СОДИЌОВА, сокини ноњияи Њисор - Яке аз проблемањои асосие, ки боиси нигаронї мебошад, ин аз тањсил дур мондани хонандагон, махсусан духтарон аст. Моддаи 41-и Конститутсияи Љумњурии Тољикис-

РУСЊО АЗ СУННАТЇ ШУДАНИ НОМУ НАСАБЊОИ ТОЉИКЇ БА ХАШМ ОМАДААНД...

?-И НОБОБ

ТАНЊО ДАР МО

НАЌБИ АНЗОБ КАЙ МАВРИДИ ИСТИФОДАИ ЊАР МАВСИМУ СОЛ ЌАРОР МЕГИРАД? - Соли 2006 расман бо иштироки президенти Тољикистону Эрон наќби "Истиќлол" (Анзоб) ба истифода дода шуд. Акнун аз он замон то ин дам 8 сол сипарї мешавад, ки ин наќб мавриди истифода ќарор дорад, аммо он ягон бор аз замони расман кушода шуданаш таъмири капиталї надида, роњи он мумфарш нашудааст, фурўзонакњои рўшноидињанда надорад. Бар замми ин аз дохили он об мечакад, арматураи наќб аз бетон људо шуда чархњои мошинњоро сўрох карда мекафонад. Њатто як нафар аз дуди ѓализи мошинњо дар ин наќб нафасгир шуда мурд. Эй масъулини бепарвофалаки соња, бигўед, ки билохира кай наќби "Истиќлол" пурра бетонрезї ва мумфарш шуда, мавриди истифодаи њар мавсиму сол ќарор мегардад? Ба гуфтаи як рўзноманигор кай ин "Ѓори эронињо" чун дигар наќбњои истифодадодашуда аз ќабили Шањристон, Чормаѓзак, Шар-Шар дуруст таъмир шуда, мавриди истифода ќарор мегирад? Рустам РАЊИМОВ, сокини ноњияи Айнї - Бо назардошти зарурати пайвастшавии минтаќањои љанубу шимоли кишварамон њаракати воситањои наќлиёт тавассути наќби Истиќлол њарчанд системаи обпарто, рушаної, њаводињї ва зидди сўхтор пурра ба анљом нарасида буд, моњи июни соли 2006 ба роњ монда шуд. Лоињаи рўшаної, њаводињї ва сўхторнишонии наќб дигар аст ва соли 2012 пас аз сементатсия чакидани об ќатъ гардид. Бояд гуфт, ки дар ќабули корњои иљрошудаи наќб Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон низ ба камбудињо роњ дода буд ва акнун тартиби ќабули иљрои корњо дигар хоњад шуд. Алњол нигоњдории наќб то оѓози корњои барќарорсозї бар зиммаи Муассисаи давлатии нигоњдории роњњои автомобилгарди ноњияи Айнї вогузор шудааст. Аз љумла, чанде пеш жарфчањои кафи наќб бо асфалт пур ва њамаи вомондањои сохтмонї, аз љумла, арматурањо, аз фарши наќб гирифта шудаанд. Бо ташаббуси Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон системаи равшанидињии муваќќатї дар тўли наќб васл ва 170 адад фурўзонак насб карда шуданд. Системаи дренажї, аз љумла, лўлањои обпарто тоза карда шуда, самти оби дар дохили наќббуда ба наќби њаводињанда ва дренажї равона карда шуд. Вазорати наќлиёти Тољикистон дар масъалаи иљрои корњои боќимондаи наќби Истиќлол чандин бор бо намояндагони эронї мулоќотњо баргузор намуд. Чанде пеш боз чунин як вохўрї бо намояндагони ширкати тавсеаи манобеи об ва нерўи Љумњурии Исломии Эрон, ширкати "Собир", мудири наќби Истиќлол ва намояндагони Сафорати Љумњурии Исломии Эрон дар Љумњурии Тољикистон доир гашт, ки дар он барнома ва тадбирњои мушаххас оид ба корњои иљрошуда, сарфи маблаѓу мањсулот, сифати корњои анљомёфта, наќшањои иљрои корњои босифати минбаъда, оѓози ин корњо аз љониби ширкати паймонкори "Собир" ва шарту талаботи ќабули корњои иљрошуда аз тарафи Вазорати наќлиёти Тољикистон мавриди баррасї ва њаллу фасл ќарор гирифтанд. Пас аз њалли масъалањои болозикр корњои бозсозии наќб аз нав оѓоз шуда, бояд пурра бо сифати баланд анљом дода шаванд. Талаботи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон њамин аст ва ба тарзи дигари ќабули корњо роњ дода нахоњад шуд. Ба саволи Шумо Хайрулло АСОЗОДА, вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон посух дод.

- Танњо дар мо кормандони БДА дар хамгашти роњњо истода, ронандањоро ба наздашон љеѓ зада, оњистакак "саломи дастакї" мекунанду љавоб медињанд. - Танњо дар мо бо супориши махсус ё зарурият дуномањо номашонро бо "ев"-у "ов" "ич" - зеб медињанду шуъбањои сабти асноди њолати шањрвандиро ба љои серодаму сердаромадтарин табдил медињанд. - Танњо дар Панљакенти бостонї раису суду прокурор ва сардори милисањои шањру сардухтури беморхонаи марказиро баробар аз кор мегиранду мардум воњима накунанд гуфта, сабабашро эълон намекунанд. - Танњо дар мо дастмузди омўзгорону нафаќагиронро њар ду моњ як маротиба медињанду мутасаддие парво надорад. - Танњо дар дењоти камбаѓали соњибони нуќтањои рўзномафурўшї як нашрияро 2 сомону 50 дирам мефурўшанд. Танњо дар мо њамин, ки нархи маводњои гуногуни бозоргонї боло рафт, паст фароварданаш хеле душвор аст. Танњо дар мо роњбарони мактабњою хољагињои дењќонию ташкилотњои гуногуни дигарро маљбур мекунанд, ки ба нашрияњои њукуматї обуна шаванд. Танњо дар мо ба "Ќонуни забон" риоя накарда, њоло њам пештоќи корхонањо ва маѓозањоро овезањои бо забони бегона навишташуда зеб меињанд. Шоњиди МУШОЊИД, сокини шањри Панљакент

ШАРОИТИ ТАЊСИЛ БАРОИ КЎДАКОНИ МАЪЮБ КАЙ БЕЊТАР МЕШАВАД? тон муайян кардааст, ки њар шахс њуќуќи тањсил дорад. Таълими умумии асосї њатмист. Давлат таълими умумии асосии њатмии ройгонро дар муассисањои таълимии давлатї кафолат медињад. Шахс дар доираи муќаррар намудаи ќонун дар муассисањои таълимии давлатї метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумї, ибтидоии касбї, миёнаи касбї ва олии касбї гирад. Шаклњои дигари таълимро ќонун муайян мекунад. Њамзамон, дар моддаи 6-и Ќонуни ЉТ "ДАР БОРАИ МАОРИФ", ки ба кафолати давлатии њуќуќи шањрвандон ба тањсил бахшида шудааст, гуфта мешавад: давлат ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон, новобаста ба миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої ва молумулкї њуќуќ ба тањсилро кафолат медињад. Вазорати маориф ва илм дар ин самт барои пурра фарогирии хонандагон, дар давраи њисоботї бори аввал дар љумњурї "Низомнома дар бораи тартиби ташкили тањсилоти фарогир (инклюзивї) барои кўдакони имконияташон

мањдуд дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон" - ро тасдиќ намуд. Низомномаи мазкур бори аввал дар љумњурї тартиби ќабул ва тањсили кўдакони дорои имконияти мањдудро якљо бо кўдакони солим ба муассисањои тањсилоти умумї муќаррар менамояд. Бо ќарори љаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 28.08.2013, тањти №13/4 "Низомнома оид ба ташкили тањсил дар хона" тасдиќ гардид. Низомномаи мазкур тартиби гирифтани тањсилро дар хона барои кўдаконе, ки аз сабаби беморї ба муассисањои таълимї рафта наметавонанд, ба танзим медарорад."Низомномаи мактабњои камнуфус дар Љумњурии Тољикистон"-ро омода ва бо ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 31.07.2013,тањти №12/7 тасдиќ намуд. Низомномаи мазкур фаъолияти мактабњое, ки шумораи хонандагонашон аз меъёр каманд, ба танзим медарорад. Ба саволи Шумо Сайвалї ЌОДИРОВ, њуќуќшиноси Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон посух дод.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (383) 26. 03. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ИФТИХОРНОМАИ УЗБАКИИ МИРЗОДИККАК Мирзодиккак ва Ѓалтак дар аѓбаи Фахробод вохўрда, пиёда чаќ - чаќ љониби ноњияи Хуросони вилояти Хатлон рафтанд. Онњо дар роњ ба аксњои Президенти кишвар дар байни боѓдорон нигариста, ифтихор аз Президенти интихобкардаашонро доштанду ба боѓу роѓи хољагии дењќонии ба номи Асадулло нигариста, ба ќавли мардум, ќабат - ќабат гўшт мегирифтанд. Мирзодиккак: - Ман пешнињод мекунам, ки ягон журналист дар бораи боѓу роѓи хољагии мазкур нанависаду ягон аксбардор аксхои ин зебоии нотакроро дар интернет љо накунад. Мабодо Ислом Каримов дарак ёфта монад, дар талу теппањои Љумњурии Тољикистон манъ намудани боѓдориро аз СММ дархост мекунад. Ѓалтак: - Як маќол њаст: "Гадо душмани гадо". Мо аз дўстиямона душманиямон бештар. Чї, бо доштани боѓи хољагии дењќонии ба номи Асадулло, бо аспњои Машрабу бо тарбузњои Алимардон Тољикистон бой мешавад. Ислом Карим мебояд, ки ба Президенти мо рањматномаи узбакї бидињад, зеро ќисме аз узбакзабонњои Тољикистон аз рафтан ба Русия даст кашидаву ба боѓдорї, асппарварї, замбурпарварї ва тарбузкорї машѓул шудаанд. Ба гуфте, ки "аскари пойшикаста" тољикњои кўњистонї мондагї. Онњо як умр Одина буданд ва мемонанд. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, ангуру замбуру аспу тарбуз бисёр шавад, њамон тољикњои ту мегуфтагї њам бой мешаванд. Тољику узбак дар кўњистон чї мешавад? Мулло ё муаллим. Мана, давлатњои дигар корхонањои замонавию хонањои баландошёна сохта истодаанду дар Узбакистону Тољикистон зиёда аз 20 сол боз бозии "мушу гурба" байни ришакињою беришњо идома дорад. Ѓалтак: - Мирзољон, ��н бозињои "мушу гурба" бе соњиб нестанд, соњиб доранд. Мана, бо њамон дурбини аз замони Робинзон Крузо ба мерос мондагият як љониби Амрико, баъд љониби Русияву Украина нигоњ кун. Канї, бин, кињо ин бозии "мушу гурба" - ро дар Украина ташкил кардаанд?! ( Љўрањо ба болои дидбонгоњи БДА баромада, Мирзодиккак бо дурбини замони Ромбинзон Крузо ва Ѓалтак бо дурбини маршал Жуков ба љониби Амрико, Русияву Украина назар духта, дидагиашонро начакондаю нарезонда ба якдигар ќисса мекунанд.) Мирзодиккак: - Ана гапу мана гап!? Барак Обама мисли Сталин гоњ ба пеш ќадам мезанаду гоњ ба ќафо. Аз ќањваи сиёњ хўрдана рўзњои ахир сиёњи ялаќоссї шудааст. Мегўуед, ки Ќрим замоне моли падараш будаасту акнун мероси бобоияшро русњо ба яѓмо бурда бошандеее! Ѓалтак: - Дидам, дидам! Путинро дидам. Дар як њафта ба чунон хароб шудааст, ки бо саг њам кобед, дар баданаш гўшт намеёбед. Агар масъалаи Ќрим камтари дигар тўлонитар мешуд, ин мардак аз ѓам мемурду мемонд. Мирзодиккак: - Обама гуфта истодааст, ки њамаи робитањои иќтисодиро то њал шудани масъалаи бозпас гардонидани Ќрим ба Украина ќаът намоянд. Оњо, давлатњои Аврупо њам аз Барак дастур гирифтанде... Вой, бар њоли шумо бародарони слявяне... Ѓалтак: - Мегум Путин гизала будааст. Мегўяд, ки додани газро барои давлатњои Аврупо ќатъ кунанд, ба замми ин бештари коѓазњои ќимматбањои Амрико дар дасти онњост.

Агар хоњад, Амрикоро ба зону мешинонад. Мирзодиккак: - Дар интихоботи оянда Обама як овоз намегирад. Њоло барои муттањам кардани Русия ќонунњои умумибашариро хонда гаштааст. Сарашро гоњ ба ин девор мезанаду гоњ ба он девор. Хаёл кард, ки ба мисли Афѓонистону Ироќ дар Украина бузакбозї мекунад, ки натавонист.... Ѓалтак: - Бинед -а! Мегўед, ки генералњо ва сарбозони Украина дар додани Ќрим ба русњо шартномаи тарафайн дошта бошанд. Њар кас ба кору бори худаш саргардон. Ќисме бо русњо монда истодаасту ќисми дигаре роњ љониби Украинаро гирифтаанд. Мардуми мефањмидагї -да! Медонанд, ки таърихан онњо њама зодаи як марзу бум будаанд ва бо гузашти ваќту бо иваз шудани сиёсатмадорњо боз якљоя мешаванд. Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо њам дар оянда дар шањрњои бостонии мо референдум мегузаронад. Ана, баъд Самарќанду Бухоро аз Тољикистон мешаваду ТАЛКО ва ВАТЗ ба кор медароянд. Ѓалтак: - Бузакам, намур, ки бањор меояд. Њукумати љонољони Шумо аз роњи дипломатї наметавонад дўстї ва рафту омади њазорсолаи байни ду љумњурии њамсояро таъмин намояду боз референдум мегузаронад?! Мирзодиккак: - Љўраљон, ман њам ба тарзи корбарии њарду љониб њайронам. Як тараф худашро ба Русия супоридагию дувумї ба Амрико. Бо иваз шудани сиёсати онњо муносибати Узбакистону Тољикистон таѓйир мехўрад. Кай мо бо аќли худамон кор карданро ёд мегирифта бошем -ња!? Ѓалтак: - Мешавад, агар ба сари ќудрат шахсиятњои ба мисли шодравонњо Љаббор Расулову Шароф Рашидов биёянд. Дар замони Шўравї новобаста аз фишору дасткўтањї бо маслињати њамдигар кор мекарданд. Русњо аз зиракии онњо њайрон монда будаанд. Барои бењтар шудани сатњи некуањволии халќ нархи 50 кило ордро 12 сомонї карданду њама љоро ќањрамон-модар гирифта буд. Њоло чї?! Њама љоро ќимматию бекорї фаро гирифтаасту ќадри зан ба хоки кўча баробар шудааст. Мирзодиккак: Биё аз њамин баландї фароем. Мабодо худамро ба поён партофта монам, Ќобилљони Нањзатї саѓераю Пахтагул Панљсолаевна бева мемонад. Љўрањо аз дидбонгоњи БДА ба поён фаромаданд. Ронандањои таксї ќисме ба кормандони БДА "доля" медоданду ќисме барои гурусна намондан дастовезњои овардаашонро месупориданд. Яке аз нозирони БДА Мирзодиккаку Ѓалтакро ронанда гумон карда, хурсанд шуд, ки "доляњо" омада истодаанд. Баъди пурсупос Мирзодикаккаку Ѓалтак буданашонро фањмиду зуд мошин манъ намуда, якеро ба чапу дигареро ба рост гусел кард. Дар осмон абрњои сиёњ шино мекарданд. Бо суст шудани њаракати абрњо дар аѓбаи Фахробод борон шурўъ шуду баъди ѓуриши барќ борон ба шохнам табдил ёфт....

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Сайидмукаррам АБДУЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламо: - Пайравї бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гўсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад. - Ана, акнун расидед ба гуфтањои пирони кор. Соњиби думба мешавам гуфта, худро аз манфиатњои мардуми мусулмону Ислом дур карда, ба хизмати њукумат гузаштанатон шарт буд-мї?! Дареѓо, ки худкардаро даво нест. Абдурањмон ХОНОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Шитобкориву њаваси њарчи зудтар ба ќудрат расидани њизбњои сиёсї онњоро ба њадди ифрот ва љиноят бурда, дар назари мардум манфур мегардонад, ки ин сиёњии худро дар марњалаи хело тўлонї њам наметавонанд зудуда намоянд. -Њамин афсонањои бузаки љингилапоро аз куљо мебофед шумо?! Наход њамин филиалњои нањзативу коммунистиву аграриру иќтисодиву хокибалои њукумат барои расидан ба ќудрат талош карда истода бошанд?!! Равшан СОБИРОВ, собиќ вазири рушди иљтимоии Ќирѓизистон: -Ман дирўз (20-уми март) аз зиндон рањо шудам ва ба озодї баромадам. Њар шахсе, ки бо парвандаи ман ошност, хуб медонад, иттињоме, ки ба ман бор карданд, комилан сохта ва тањќиромез буд. Манро бо моддае мањкум карданд, ки вуљуд надорад. Мо имрўз пагондорони беинсофе дорем, ки дар додгоњњо ва дар додситонињо кор мекунанд. Ман фикр мекунам, ки онњо барои чунин љиноят бояд ба сазои аъмолашон бирасанд. -Озодї муборак бод, њамхуни арљманд! Илољаш бошад, Бишкекро тарк накунед, њарчанд инсофу ќонун он љо меланганд, аммо бовар кунед, дар Душанбе дуяшон кайњо мурдаанду нафаре нест, ки љанозаашон кунад. Баъдан масъалаи пагон ин љо мушкилтар аст: як вагон пагонњои генералии овардаи Њикмати Гов тамом шуд, ако... Саидрањмон НАЗРИЕВ, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон: - Дархости Хадамоти алоќаи (танзими интернет дар назар аст) назди Њукумати Тољикистон зидди уњдадорињои давлат аст ва мо дар ин бора хадамотро огоњ кардем. -Бо њамин проблемањои майда-чуйда Бек Сабуровичро ѓам додан шарт набудагист, охир! О, вай кас баъди супориши роњбари давлат дар бораи кандани боз як бино ба њамон 2 сотих пиёзи дар њавлии "Тољиктелеком" коштаашон банд њастанду људо серкор. Тоњирхон ЃОЗИЕВ, роњбари ЉСК "Тољиказот": - Ягон таљњизот фурўхта нашудааст, њамааш коршоям аст ва дар љояш истодааст. Мо танњо як ќисм мутахассисонамонро аз даст додаему тамом. Агар њамин рўз ба корхонаи мо газ дода шавад, пас аз як моњ он ба кор шуруъ хоњад кард. -Корхонаатон хосияти хуб надоштааст: як сањњомаш дар зиндон, дуюмаш дар СИЗО, газ нест, худатон ООО "Банкрот". Расо тољиказо шуда бурафтид-ку!

Амир КАТАЕВ, вакили Маљлиси намояндагон аз њавзаи интихоботии №20-и ноњияи Исфара - Ман маошамро намегўям, чунки ба мо дар парлумон гуфтанд, ки ба рўзноманигорон маошатонро нагўед. Агар гўям, ба ман гап мерасад. -Сода нашавед, ако! 3-4 њазор сомонї маоши мегирифтаи шуморо њама медонад. Ба таваччуњатон расонем, ки аз маоши сармуњаррирону муњаррирони бахшњои расонањои љиддї 1015 % камтар аст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Нигох №1 (383). Чоршанбе, 26-уми марти соли 2014