Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

Рафъи хатари низоъ

1

ё дипломатия даст ба кор мешавад САЊИФАИ 3 №14 (342). Чоршанбе, 26-уми июни соли 2013

БО ФАРЗОНА

Фасли сабзи ифтитоњ САЊИФАИ 5

ДОДХОЊИИ ИСФАРА

Генерал Ѓоибов! Инро ба касе гуед, ки шуморо нашиносад САЊИФАИ 13

НОМЗАДИ № 1 РАЊМАТУЛЛО ЗОЙИРОВ Оё бо изњороти раиси Њизби сотсиал - демократ маъракаи интихоботи президентї шурўъ мешавад? БАРОИ ВАЊДАТ

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Њукумати ќавї ва мухолифини заъиф

Ѓалтак ва пойдории вањдат

Чаро парлумон таѓйиру иловањо ба Ќонуни интихоботи президенти Тољикистонро рад кард?

Абдунабї САТТОРЗОДА: "Адабиёт бе сиёсат намешавад" САЊИФАИ 5

САЊИФАИ 16


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

МАВЗЎИ АСОСЇ

Номзади № 1 Рањматулло Зойиров Оё бо изњороти раиси Њизби сотсиал - демократ маъракаи интихоботи президентї шурўъ мешавад? Пешнињоди номзадї ба интихоботи президентї то он лањза ѓайри ќобили тасаввур буд, ки Рањматулло Зойиров, раиси Њизби сотсиал - демократ, хоњ шўхї ба шўхї бошад, хоњ љиддї дар њељ як мањфили дохиливу сиёсї не, балки дар серодамтарин кунљи интернет - "Одноклассники" (њудуди 250 њазор истифодабаранда дар Тољикистон дорад) ин корро кард. Рост аст, ки хеле пеш як созмони на он ќадар муассир ва муќими хориљи Тољикистон ба номи Љунбиши миллии Тољикистон номзадии ўро ба интихоботи президентї пешнињод карда буд. Ин пешнињодро касе љиддї нагирифт, то он замон, ки худи Зойиров садо баланд накард. Дар суњбат бо "Нигоњ" вай изњор дошт, ки тасмимаш ќотеъ ва љиддї аст. Пас, њоло метавонем гўем, ки Рањматулло Зойиров яхи хомўширо шикаст ва ба тани мурдаи интихоботи президентї љон дамид. Ва аввалин нафар дар Тољикистон шуд, ки изњори омодагї барои

ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 кард. Бале, њанўз як соли пеш дар раддањои поёни Њизби њукмрони халќї - демократї изњор дошта буданд, ки аз номзадии раиси худ ва президенти феълї Эмомалї Рањмон љонибдорї хоњанд кард. Аммо худи ў њангоме, ки дар Брюссел изњороти маъруфаш дар бораи кафолат додан ба як интихоботи шаффоф ва демократиро кард, дар бораи иштироки шахси худаш чизе нагуфт. Ва то ба њол президент дар ин бора суњбат накардааст. Њатто њангоми сафари худ ба вилояти Суѓд президент гуфт, ки мабодо ин сафарро таблиѓ барои интихобот напиндоранд, чун ин тибќи наќшаи кории президент аст. Ба назар мерасад, то ин замон ширкат дар интихобот, на курсии президентї як лањми гўшти бирён асту муддаиён гуруснањои атрофи он, ки лаб лесида, оби дањон фурў бурда, гирдаш мегарданд ва

аввал тоќати Рањматулло Зойиров тоќ шуд. Аммо њаќќи "луќмаи аввал" аз Зойиров мебуд, агар намегуфт, ки тасмими нињоиашро расман моњи оянда баён хоњад кард: - Ба неруњои демократї умед баста, номзадии худро пешинњод мекунам ва вориди набарди интихоботї мешавам. Ин роњи дуруст аст, ки интихоб кардам. Ин тасмими ман љиддї аст. Эњтимол дорад, Зойиров аз ин тасмими худ даст кашад. Аммо ба дунболи Зойиров Њизби нањзати исломии Тољикистон низ гўё љон мегирад.

ЊНИТ: Эњтиёткорона! 25 июн ба дафтари њизб дар Душанбе иддае аз коршиносону донишмандон барои машварат даъват шуданд. Аз онњо пурсида шуд, ки ЊНИТ чї имкониятњо барои ширкат дар интихоботро дорад, ширкат кунад ё накунад, кунад, чї

мешавад, накунад, чї. Худ ин иќдоми ЊНИТ далели бармалои он аст, ки њизб бо вуљуди зарбањои бешумор дар маъракаи "антинањзат" хеле ором ва солор мехоњад вориди майдон шавад. Њарчанд масъулинаш мегўянд, ки чанд варианти ширкатро дар мадди назар доранд ва инњо њам њастанд: а) бо номзади худ; б) пуштибонї аз номзади ягонаи нерўњои мухолифи њукумат; в) пуштибонї аз номзади њукумат. Бале, ЊНИТ хеле эњтиёткор аст, зеро рањбарияти њизб ба ин натиља расидаанд, ки намешавад бо пурќудраттарин њизби мухолифи давлат будан ѓарра шуд, чун натиљаашро диданд. Дигар ин, ки ЊНИТ - ЊСТ нест. ЊСТ аслан Зойиров аст ва ба далели ин, ки мисли ЊНИТ густарда ва албатта, доранда, чї аз лињозї зарфият ва чї молия, нест, њарчанд изњороти љиддї ва шояд бењтар аз ЊНИТ мекунад, шояд љасуртар аз он низ бошад, аммо њаќиќат ин аст, ки аз сўи њукумат љиддї гирифта намешавад. Њукумати Тољикистон њам гўё бештар аз эњтиёткорињои ЊНИТ бештар бим дорад, ки љасоратњои ЊСТ. Пас, мантиќан, сешохагии мавзеи ЊНИТ дар бораи пешнињоди номзад дуруст ва тактикї аст ва дар зимн ба њукумат бештар аз оромї ва эњтиёткорї, тањдид дорад. Хулоса, пешнињоди номзади ЊНИТ ба масал гузашти 9 солу нўњ моњ, аммо њамоно дертар тавлид шудани тифл аст.

"Як тан дар майдон…" Боз мегўем, ки изњороти Зойиров дигар њизбњои мухолиф ва њукмрону "кисагї" - њоро њам аз хоб бедор накунад њам, аз мастї њушёр хоњад кард. То ин замон рањбари "Ватандор" Додољон Атоуллоев ва њам љонибдорони Умаралї Ќувватов дар "Гуруњи 24" њам аз мухлисони рањбари љадиданд, аммо бо вуљуди дар хориљ аз Тољикистон ва сарсахттарин мунаќќиди президент Эмомалї Рањмон будан исми њељ касро њанўз зикр накардаанд ва ба гумон аст, ки кунанд. Интригаи асосї њамоно номзади ЊХДТ ва "миллионњо зањматкаш" - и халќи Тољикистон аст, зеро бино ба баъзе тањлилњо, номзади мавриди назар шояд аз ширкат дар интихобот даст кашад. Њамчунин номзадњои "њизбњои кисагї", ки ба таблиѓу ташвиќи на худ, балки номзади асосї машѓул хоњанд буд, низ маълум нашудаанд. Эњтимолан мунтазири смс - месиљ ё паём њастанд. Хулоса, њарчанд "як нафар дар майдон љангї нест", аммо Рањматулло Зойиров чунин њаст. Ё шуд. Номзади № 1. Имрўз. Пагоњ боз кињо остин бархоњанд зад, хоњем дид. Аммо воќеиятњои Тољикистон ду суолро матрањ кардаанд: 1) дастандаркорони интихобот то куљо барои як интихоботи шаффоф омода њастанд? 2) Зойиров ва мисли ў номзадњои мухолифу, ба истилоњ "ало" оё умуман сабти ном мешаванд? Фаромарзи ФОЗИЛ

ПУРСИШ

Тасмими Зойировро чї гуна ќабул кардед? Раљаби МИРЗО, сарвари Маркази тањлилии "Бозтоб": - Ин маънои онро дорад, ки Рањматилло Зойиров ё воќеиятњои Тољикистонро сарфи назар мекунад, ё баръакс, хеле хуб медонад. Њоло дар кишвари мо ва берун аз он ба як суол посух дарёфтанианд: номзади аслї дар интихоботи рў ба рў кї хоњад буд? Ба фарќ аз солњои дигар, ки аз ќабл мегуфтанд бегуфтугў номзад аз ќабл маълум аст, им-

сол неруњои сиёсї ва шахсиятњои матрањ то љое "танбалї" мекунанд. Шояд дониста, шояд - не. Яъне њама дар интизори кадом як "армуѓонанд". Дар ин сурат, љуръате лозим буд. Љуръати Мањмадрўзї Искандаровро дар соли 2005 дидем бо чї поён ёфт. Њатто имсол Зайд Саидов хост, ки њизб ташкил кунад, аммо њадафаш ширкат дар интихоботи президентї нахоњад буд, ба фољиаи сиёсї табдил ёфт. Яъне як љуръат бояд заминањое дошта бошад, ки дар пояи чист. Њоло мебинем, ки бо Зойиров на бо он тавре бархурд мешавад, ки бо як шахсиятњои љиддї. Пас ин изњоротро мешавад бо изњороти профессор Њољимуњам-

мад Умаров баробар кард, ки њанўз дар соли 2004 карда буд ва гуфт, номзадии худро ба президенти дар интихоботи президентї мегузорад, дар њоле ки њамаи дигарон дар бораи интихоботи парлумонии соли 2005 фикр доштанд. Бубинед, на Умаров номзад шуд, на чизе таѓйир ёфт. Аммо ин иддаои Зойиров барои љиддитар шудани шахсияту неруњо метавонад мусоидат кунад... Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тањќиќоти стратегии назди президенти Тољикистон: - Мо давлати демократї њастем. Њар нафаре, ки мехоњад ва метавонад њизб дорад,

ё надорад, бигузор, худро чун номзад пешнињод намояд, ё ўро пешнињод намоянд. Ин њаќќи халќ аст, ки овозашро ба кї медињад. Њар номзад бояд ин маъракаро зеб дињад. Бигузор дањ нафар номзад шавад, мо њаќ надорем пеши касеро гирем. Ман медонам овозамро ба тарафдории кадом номзад дињам. Вале мардум бояд интихоб кунад аз байни онњо. Њоло мардум интизори номзадњои арзандаи халќ аст, ки хоњиши худро эълон намоянд дар асоси ќонунњои љорї. Агар вай не, дигараш не, пас киро интихоб кунад мардум? Майдон аз далер аст. Бароянд бинем,ки чї њунар доранд. Интихобот њам аљоиб мешавад.


МО ВА ЎЗБАКИСТОН

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

3

Дар маќолаи аввалии "Бўи низоъ" атрофи мављњои нави њуљумњои иттилоотии Ўзбакистон дар мавриди вазъи экологї, хоњишњои нав - кўњнаи Тошканд аз Душанбе бо талаби њудуди 400 миллион доллари ИМА товони зарари экологї, мактуббозии раисони парламенти ду кишвар, хуллас, рўёрўї ва ба њам наомадани Тошканду Душанберо баррасї намудем. Сатњи кунунии муносибати Ўзбакистон ва Тољикистонро тањлил намуда, аз эњтимолияти шакл гирифтани муносибати ду кишвар дар доираи се санария њарф задем. Тавре хонандаи њушманди њафтаномаи "Нигоњ" дар хотир дорад, сенарияи аввал "Муносиботи бадтарин ё оѓози низоъи њарбї" буд, ки пањлўњои онро дар шумораи гузашта баррасї намудем. Сенарияњои баъдї мўътадил ва хушбинона мебошад, ки эњтимолияти амалишавии онро тавзењ хоњем дод.

Рафъи хатари низоъ ё дипломатия даст ба кор мешавад Ќабл аз тасвири сенарияи дуюм ва сеюм ба маврид аст, ки аз хостањои Ўзбакистон аз Тољикистон ёд кунем. Мањз њамин хостањо ва интизорињои Тошканд аз Душанбе мебошад, ки муносиботи ду кишвар мувољењи мушкиле гардид, ки ояндааш норўшан боќї мондааст. Њатто метавон гуфт, ки кинатўзии нухбагони сиёсии ду кишвар реша ба сад соли пеш дошта, дар замони њукмронии Ислом Каримов ва Эмомалї Рањмон бо сабабњои объективию субъективї ба нуќтаи нињоии худ расид. Бадхоњї ва рўёрўии ду кишвар агар ќаблан танњо миёни нухбагони сиёсї буд, дар ин замон боиси ташвиш ва људоии мардуми ду љониби марз гардид. Ин мушкилот аз чї иборат аст, ё Ўзбакистон аз Тољикистон чї мехоњад? - Ќабл аз њама, њукумати гапдаро. Пўшида нест, ки хоњиши аввалиндараљаи рањбарияти Ўзбакистон ин аст, ки њукумати Тољикистон пайрави он бошад. 5 сол ќабл Эмомалї Рањмон дар ягона ва охирон сўњбаташ бо журналистони ватанї ошкоро ба ин хостаи Ислом Каримов ишора намуд; - Манъи идомаи бунёди нерўгоњи Роѓун. Агар Роѓун сохта нашавад, Ўзбакистон ба хубї медонад, ки Тољикистон билахира пойбанди Ўзбакистон мегардад; - Истифодаи бемамониат аз захирањои оби Тољикистон. Ўзбакистон мехоњад, ки ба таъмини об ба заминњои њудудаш дар оянда мушкиле пеш наояд; - Итмоми бањси сарбанди обанбори Фарњод. Ба таври пурра ба ихтиёри худ гирифтани обанбори мазкур, ки обёрии ќисмати бузурги заминњои њаммарзи Ўзбакистон бо вилояти Суѓд ба он вобастаї дорад; - Фаромўш кардан аз Самарќанду Бухоро. Гарчи ягон маротиба Душанбеи расмї дар мавриди ин ду шањри аљдодии тољикон изњороте надодааст, аммо Ўзбакистон инро ба он маъно ќабул надорад, ки тољикон Самарќанду Бухороро намехоњанд. - Тобеъияти пурраи иќтисодї ва сиёсї. Пайравї аз сиёсатњои Ўзбакистон дар минтаќа ва љањон. Ин хостањои Ўзбакистон дар давоми 20 соли ахир шакл гирифта, аз омилњои асосии мушкил гардидани муносибот шудаанд. Эњтимолияти амалишавии сенарияи якум - "Муносиботи бадтарин ё оѓози низоъи њарбї" бо маќсади дифоъ аз марзу бум ва њадафњои миллї аз ин хостањо бармеояд.

Сенарияи дуюм: "Муносибати мўътадил ё хирад боло мегирад" Тибќи ин сенария чунин рўёрўї то интињои интихоботи президентї дар Тољикистон идома

меёбад. Ўзбакистон ба вазъи сиёсии дохили Тољикистон дар арафаи интихобот дар фазои иттилоотї камтар таваљљўњ зоњир мекунад. Аммо фишорњои иќтисодиашро бо роњи банд кардани роњи оњан идома дода, ба маъракањои иттилоотиаш алайњи Тољикистон хотима намедињад. Чунин амалкардњои Ўзбакистон баръакси интизорињои курсинишинњои Тошканд боиси муттањид гардидани нерўњои мухолифи дохилии Тољикистон дар атрофи Эмомалї Рањмон мешаванд. Бо президенти Тољикистон интихоб гардидани Эмомалї Рањмон Бонки љањонї натиљаи ташхиси мавќеъи бунёди нерўгоњи Роѓунро ба итмом мерасонад. Натиљаи хушбинонаи онро њамчун "тўњфа" ба президент Рањмон пешнињод мешавад. Албатта, ин дастовард барои Тољикистон ба осонї даст намедињад. Чунин мавќеъ гирифтани Бонки љањонї, ки пушташ ИМА меистад, боис ба таѓйири тактикаи Ўзбакистон нисбат ба Тољикистон мегардад. Зимнан, бояд ќайд кард, барои чунин ранг гирифтани кор ИМА, Иттињоди Аврупо ва кишварњои ѓарбї мусоидат мекунанд. Барои кишварњои ѓарбї дар замоне, ки мехоњанд аз Афѓонистон хориљ шаванд, кўчидани даргирињо ба минтаќа мувоффиќи маќсад нест. Онњо кафили муваќќатии оромии минтаќа мешаванд. Ислом Каримов барои таъмини гузариши ороми ќудрат худро манфиатдор медонад, ки бо Тољикистон тактикаи муносибатро таѓйир дињад. Барои ў дар чунин фурсат душмане ба њади тавони мўрча њам бошад, зарурат надорад. Фаъолшавии аврупоињо дар минтаќа Русияи калавандаро низ ба њаракат медарорад. Ин ва дигар омилњо ба оѓози гуфтушунидњои комиссияи байнињукуматии Ўзбакистону Тољикистон боис мегарданд. Дар натиља хати ќисмати хурди марзњои номуайян даќиќ шуда, оѓози кор дар ин самт мегардад. Муносиботи иќтисодї барќарор мешаванд. Гурўњи ширкатњои "Тољирон" ва "Фароз" хариди хариди гази моеъро аз Ўзбакистон ба роњ мемонанд. Гардиши мол миёни ду кишвар, ки ба њадди пасттарини худ расида буд, рў ба бењбудї меорад. Инчунин, интиќоли гази таббї барои як муддат аз Ўзбакистон ба Тољикистон (албатта, бо ќиммати бозорї) аз сар гирифта мешавад. Ўзбакистон нисбат ба КВД "Талко" имтиёзњо ќоил мешавад. Тањќиќоти илмї барои вазъи муњити зисту табиат дар минтаќањои шимоли Тољикистон ва минтаќањои наздисарњадии вилояти Сурхондарёи Ўзбакистон шурўъ мешавад. Љонибњо ба мувофиќа мерасанд, ки бунгоњњои санљишии корхонањои са-

ноатии Бекобод дар вилояти Суѓд ва бунгоњњои КВД "Талко", ки ноњияњои наздисарњадии Ўзбакистон аз нав барќарор мешавад. Чунин ранг гирифтани муносибат дар Тољикистон њамчун боло гирифтани хиради азалї маънидод мегардад. Вале бо ин њама мушкилоти асосї яъне сохтмони Роѓун масъалаи бањс миёни кишварњо боќї мемонад.

Сенарияи сеюм: "Муносибати хушбинона ё боварнакарданї" Мањаки ин сенарияро бањамоии ѓайриинтизори рањбарияти ду кишвари њамсоя ташкил медињад. Хатарњои афзояндаи минтаќа, фишорњо аз кишварњои хориљи дуру наздик, тањдидњои гурўњњои ифротї дар минтаќа, инчунин таъмини баќои ќудрат дар њар ду кишвар рањбарияти олии Тољикистон ва Ўзбакистонро ба њам меорад. Аз љумла стратегияњои империяхоњии Русияи путинї Каримови зиракро ба он водор мекунад, ки бояд пеш аз њама ихтилофњои дохили минтаќаро рафъ намуд. Роњи ягона дар ин самт оѓўш кушодани рањбарони ду кишвар ба сўи њам аст. Чунин дарки масъала аз љониби Тошканд пинњон намемонад. Ба Тољикистон аз тањдиду хатари душмани ягонаи хориљї ишорањо мекунад. Тољикистон, ки барои сари мизи гуфтушўнид нишастан фурсати муносиб мељуст, эњсоси хатар аз душмани хориљиро њамчун замина барои гуфтушунидњои созгор ба хубї истифода менамояд. Амалишавии чунин сенария инкишофи њаводисро ба таври афсонавї ва боварнакарданї мегардонад, ки ба ќудрати воќеъї гардидани кишварњои минтаќа ва њифзи пояндаи истиќлол мебарад. Сенарияи мазкур чунин сурат мегирад: - Љониби Ўзбакистон дар ќадами аввал аз талаби товони зарари экологї ба миќдори зиёда аз 400 миллион доллар даст мекашад; - Ќитъаи роњи оњани Амузанг - Ѓалаба барќарор гардида, роњи оњан аз нав ба вилояти Хатлон пайваст мешавад. КВД "РОТ" тарофањои худро барои Узбакистон то 250 % кам мекунад. Дар ин самт дигар мушкил боќї намемонад; - Ќитъањои бањсии марзї бо тарзе, ки имрўз вуљуд доранд, бебањс њали худро меёбанд. Обанбори Фарњод њам дигар боиси бањс намешавад; - Ќадами бебоконатари њарду кишвар иттињод ё созиши дуљониба барои минтаќаи биду-

ни њарбиёни хориљї эълон кардани Тољикистон ва Ўзбакистон мегардад. Тибќи ин созиш талош мешавад, ки дар 5 - 7 соли наздик низомиёни Русия аз минтаќа бадар рафта, барои нерўњои ИМА љой намемонад; - Дар заминаи созиши зикршуда Мањмуд Худойбердиев, полковники исёнгар аз љониби Ўзбакистон халъи силоњ карда мешавад. Ва ў ба як афроди сирф мулкї табдил меёбад. Инчунин, Ўзбакистон харитаи минтаќањои минакоришударо ба Тољикистон пешнињод намуда, барои он, ки созмонњои њадафдори хориљї бо бањонаи тоза кардани мина ба минтаќа сар нахалонанд, Тошканд омодаи њамкорї дар тоза намудани заминњои минакоришуда мешавад; - Раводид миёни ду кишвар лаѓв мегардад. Гузаргоњњои манъшуда дар миёни ду кишвар, аз љумла гузаргоњи гумрукї дар Панљакент аз нав ба кори худ шурўъ мекунанд. Рафтан ба Самарќанд, Бухоро, Шањрисабз, Термиз ва шањрњои дигар ва баръакс омадан ба Хуљанду Кўлобу Душанбе як амали маъмулї мешавад. Наќби "Истиќлол" муњим будани худро њамчун объекти стратегї аз даст медињад. Ширкати пулчинаки IRS зери фишори анљумани боркашњои Ўзбакистон бинобар рабт доштанаш ба Љамолиддин Нуралиев аз роњ руфта мешавад; - Аз шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќурѓонтеппа, Кўлоб ба шањрњои калони Ўзбакистон ва инчунин аз Тошканду Бухорову Самарќанд ба шањрњои Тољикистон хатсайрњои нав боз мешаванд; - Дар масъалањои байналмилалї, бахусус дар таъмини сулњу субот дар Афѓонистон њарду кишвар бештар аз як мавќеъ баромад мекунанд. Бозорњои наздисарњадї ташкил мешаванд. Дар натиља иќтисод ба таври бесобиќа рушд намуда, дар як дањсола минтаќа ба куллї таѓйир меёбад. Дар ин мўњлат раванди муњољирати корї ба кулвори таърих меафтад. Эмомалї Рањмон ва Ислом Каримов аз љониби мардуми ду кишвар барои дарёфти љоизаи сулњи Нобел дар соли 2018 пешнињод мешаванд. Бо назардошти дастовардњои бузург дар мўњлати кўтоњ њар ду рањбар барандаи љоизаи сулњи Нобел эълон мегарданд. Нуќтаи кулминатсионии ин сенария он мегардад, ки кишварњо дар роњи демократия ќадамњои устувор гузошта, анъанаи идораи оилавии давлат пош мехўрад. Аммо ба таъкид бояд гуфт, ки ин ду сенария иљроношуданї менамоянд. "Нигоњ"


4

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

- Мехостам аввал дар бораи таассуроти шумо, баъд аз он ки ба Тољикистон ба њайси топ - менељер омадед, пурсам. - Агар росташро гўям, таассуроти ман фаќат мусбат аст. Барои он ки мардум асосан хеле хушбинанд, бозанд. Дар тули муддате, ки ман ин љо будам, ман аз дастгирии зиёд бархурдор будам. Ѓайр аз ин кор дар ин минтаќа барои ман нав аст. Дар умум ман бо динамикаи рушди минтаќа шинос њастам, бинобар ин метавонам гўям, ки таассуроти ман, бањогузории ман ба соња мусбат аст. - Дар мо андешае њаст, ки бадахшонињои мо, мардуми нињоят босавод, зудомўз ва кордонанд. Ваќте онњоро ба кор мегиранд, онњо аз уњдаи иљрои кор хубтар мебароянд. Ва ин таърифи хушку холї нест, дар њаќиќат њам њамин гуна аст. - Тими мо хеле хуб аст, дар мо мардуми гуногун кор меунанд, ман дар системаи Оѓохон оид ба рушд, дар тўли 40 соли ахир кор мекунам. Дарвоќеъ, ман гўё ба ин љо аз як оила ба оилаи дигар омадам. Тими мо бисёр ба ман писанд аст, онњо маро дастгирї меунанд. - Чї ба шумо дар ин созмон писанд омад ва чї ба шумо писанд наомад дар он? - Тавре ќаблан гуфтам, ман шояд барои ин минтаќа одами нав бошам, аммо барои ин созмон одами нав нестам. Ва бо аксарияти онњое, ки дар ин љо кор мекунанд, ман аллакай пешакї, тавассути бунёдњои дигар шинос будам. - Барои ман хеле писанд буд, ваќте ин љо омадам. Он агентињое, ки ин љо кор мекунанд, миёни њам муносибат ва робита доранд, онњо дар якљоягї ба њадафи асосї ва ягона њаракат мекунанд. Ин њадаф барњам задани камбизоатї ва бењдошти сифати зиндагї аст. Ин сифатњо ба ман нињоят писанданд. Ба ман њамин њамгироии агентињо хуш омад. - Хуб, оё барои худ бартариятеро интихоб кардед, оё роњи хоси худро барои расидан ба њадафњо мушаххас кардаед? - Ман мехостам дар бораи бархўрди Созмони Оѓохон ба масъалаи барњам додани камбизоатї наќл кунам. Консепсияи Созмон чунин аст, ки мо наметавонем, ки ин ё он пањлуи масъала, ё самти муаххасеро бартарї дињем. Зеро эътимод дорем, ки фаќат тавассути муносибати дастаљамъї, интегратсияшуда мо метавонем ба њадаф расем. Танњо бо њамин роњ метавонем сатњи зиндагии мардумро бењтар кунем. Барои њамин мо баробар дар соњаи маориф, тандурустї, соњаи гуманитарї, энергетика, фарњанг ва ѓайра кор мекунем. Мо барномањои зиёде дорем, баробар амал мекунанд. - Нашрияи мо, яке аз мунаќќидони созмон ва барномањои Оѓохон дар Тољикистон аст, аз љумла интиќод аз пўшида будани ин созмон, фаъолият шаффоф надоштани он... - Дар ин маврид натанњо андешаи ман, балки назари Аълоњазрат Оѓохон чунин аст, ки мо бовар дорем, сутуни асосии фаъолияти созмони Оѓохон шаффофияти он аст. Ман бар ин назарам, ки мо ба ќадри кофї фаъолияти шаффоф дорем дар Тољикистон. Тамоми иттилоот дар бораи фаъолиятњои мо дар сомонаи созмон дастрас аст. - Дар бораи чанде аз барномањои иќтисодии созмон, ки дар назаранд, имсол ва солњои минбаъда дар Тољикистон амалї мешаванд, маълумот медодед. - Мехостам аз ањамияти калидии фаъолияти созмони мо оѓоз кунам. Лоињаи калидии мо Помир - энерљї аст. Дар ин бора натанњо ман њарф мезанам, балки њукумати Тољикистон, шарикони дигари мо, зиёд гуфтаанду мегўянд. Зеро ин воќеан лоињаест, ки дарвоќеъ тавонист сатњи зиндагии мардумро таѓйир дињад. Яъне он ба ќадре неруи барќ ба вуљуд овард, ки дарвоќеъ, одамон тавонанад фаъолияти иќтисодии худро бењтар кунанд. Яъне, соатњои дастрасї ба неруи

СЎЊБАТИ РЎЗ дии муносибатњоро бо созмони Оѓохон њис накардам. - Ростї, њаводиси Хоруѓ, аз нигоњи ман, њамчун узви љомеаи шањрвандї, то андозае муфољо буданд, ки баъзан њатто дар ин бора гап задан намехоњам. Оё фонди Оѓохон аз ин њодисањо ягон хулосаарорї кардааст, ё не? Ягон тасмим дар иртибот ба ин њаводис, барои таѓйири стратегия оё гирифта шудаанд, ё на? - Шумо бисёр дуруст ќайд мекунед, ки касе аз онњо њатто ёд овардан намехоњад. Ба ин ояндаи наздик назар кардан намехоњам. Шояд стратегияи мо дар умум самтро таѓйир надодааст, аммо баъди ин њодисањо ба хулосае омадам, ки бояд дар ин минтаќа корњои зиёдтареро анљом дињем, то зиндагии мардум бењтар шавад. - Бо иљозати Шумо боз як суоли нозук медињам. Ин љо чунин мешуморанд, ки дар мадди назари Созмони Оѓохон асосан Бадахшон ва бадахшонињо њастанд. Дар ин бора бевосита сиёсати кадрии ин созмон далолат мекунад, ки дар он асосан бадахшонињо кор мекунанд. Аз ин рў, дар бораи созмон эрод мегиранд, ки ѓарази созмони Оѓохон Бадах-

Алї Акбар Песнанї:

"ТСЕLL БАДАХШОНЇ НЕСТ, МИЛЛЇ АСТ" Сўњбати ихтисосии "Нигоњ" бо намояндаи домии Бунёди Оѓохон дар Тољикистон Алї Акбар Песнанї барќ дар минтаќаи амалишавии лоиња афзуда, онњо имкон доранд, зиёдтар кор кунанд, бисёртар омўзанд, ваќташонро ба дигар чизњо сарф кунанд. Ин натанњо ба Бадахшони Тољикистон, балки ќисми афѓонистонии Бадахшон низ дахл дорад. Одамони он тарафи дарё асрњо боз аз ин неъмати заминии мусоир мањрум буданд. Ин лоиња тавонист онњоро низ бо неруи барќ таъмин кунад. Мо ба наздикї як лоињаи дигарро дар Ишкошим ифтитоњ кардем, ки њам Ишкошими Тољикистон ва њам Ишкошими Афѓонистонро бо неруи барќ таъмин мекунад. - То љое мо медонем, Помир -Энерљї лоињае буд, ки тавассвути Бонки љањонї амалї шудааст ва лоињаи асосї дар масъалаи њамкории давлатии шарикии хусусї мањсуб мешуд. Ман мехостам пурсам, ки оё ќабули ќонуни Тољикистон дар бораи њамкории давлативу шарикии хусусї ба созмони Оѓохон рабт дорад, ё не? Саволи дигари ман ин аст, ки маблаѓгузории умумии ин лоиња чї ќадар аст ва кињо сармоягузорони асосии ин лоиња мебошанд? - Ќабули ин ќонун воќеан баъди амалї шудани ин лоиња ба созмони Оѓохон рабт надорад. Ба назари ман, ин лоиња то андоазе муваффаќ будааст, ки њукумат ба хулосае омад, ки ин иќдом воќеан самарабахш аст ва чунин ќонунро ќабул кард. Бояд гуфт, ки ин модел на танњо дар Тољикистон муваффаќ аст, балки дар дигар кишварњо низ. - Системаи энергетикии Бадахшон хусусияти хос дорад. Ба ќарибї президент дар паёми худ дар браи сохтмони боз ду неругоњи хурд иттилоъ дод. Неругоњи Санобод ва Себзор. Дар ин самт ягон кор идома дорад? - Асосноккунии ин лоињањо аллакай пурра анљом дода шудааст. Дар асоси ин

маълумот мо ба хулосае омадем ва бори дигар исбот шуд, ки дар иљрои ин лоињањо воќеан мо метавонем муваффаќ шавем. Њоло, ки љузъиёти техникї ва њуљљатгузорї дар ин самт идома доранд, баъди анљоми ин мо ба амалї намудани лоињањои мазкур шуруъ хоњем кард. - Модоме лоињањо асоснок будаанд, метавонед гўед, ки маблаѓгузории умумии њар яки ин лоињањо тахминан чї ќадар аст? - Себзор лоињаи хурд аст. Иќтидори ин неругоњ њамагї 10 МВт аст. Санобод бошад иќтидораш 125 МВт мебошад, аммо ин лоињаи дар ояндаи имкон њаст, ки то 250 МВт иќтидораш боло бурда шавад. - То љое ман медонам, дар Ванљ КВД "Талко" супориш гирифтааст як неругоњ созад. Ин неругоњ, тавре гуфта мешавад, амсоли он лоињањое хоњад буд, ки дар ноњияи Дарвоз, аз њисоби лоињањои иљтимоии Гидроалюминиум сохта шудааст. Шумо аз ин лоиња иттилоъ доред? Созмони Оѓохон, шарики ин лоиња мебошад ё не? - Росташро гўям, ман дар ин бора иттилоъ надорам. Аммо агар ин корро кунанд, ин воќеан барои кишвар кори хубе хоњад буд. Ба њар њол онњо дар ин бора бо мо ягон мулоќот анљом надодаанд. - Дар љомеаи журналистї ва сиёсии Тољикистон аксаран чунин мешуморанд, ки баъди њаводиси ахири Бадахшон, муносибати њукумати Эмомалї Рањмон нисбати Фонди Оѓохон таѓйир хўрдааст. Шумо инро њис мекунед, ё не? - Бояд гўям, ки дар чормоњаи ахире, ки ман ин љо њастам, ман тамоман бо ин чиз рўбарў нашудам. Ман ќариб бо њамаи вазирони Тољикистон вохўрї ва мулоќот кардам. Ман дар ягон мулоќот бо намояндагони њукумати Тољикистон табъиз, ё сар-

шон ва бадахшонињо мебошанд. Барои рад кардани ин чї гуфта метавонед? - Принсипи созмони Оѓохон чунин аст, ки ба кадом кишваре, ки ояд, вай барои давлат кор мекунад. Ин андеша нодуруст аст, ки созмон танњо барои исмоилињо кор мекунад. Кишварњои зиёде њастанд, ки дар онњо исмоилињо умуман вуљуд надоранд, вале созмони мо он љо кор мекунанд. Дар бораи лоињањои бузурги мо дар Хатлону Суѓд маълумоти зиёд дар сомонаи мо њаст, аммо ман њоло ба ин љузъиёт дода намешавам. Ман ба шумо як мисоли рўшан меорам. Барои мисол, якумин бонки ќарздињии хурд, ки мизољони бадахшонии он њамагї 10 фоизро ташкил медињад. 90 дарсади мизољони ин бонк намояндагони дигар минтаќањои Тољикистон мебошанд. Бисёр чиз ба он вобаста аст, ки лоињаи мо дар куљо воќеъ аст. Барои мисол, агар лоињаи мо дар Суѓд бошад, он љо аксаран суѓдињо кор мекунанд, агар дар Хатлон бошад, он љо аксариятро мардуми Хатлон ташкил мекунанд. Мо сармоягузории Tсell њастем, ки дар онљо шумо бо душворї метавонед бадахшонињоро ёбед, он љо ќариб, ки мардуми Бадахшон нест. - Тавре ман ќаблан гуфтам, воќеан њам мардуми Бадахшон потенсиали интелектуалии Тољикистон мањсуб мешаванд. Аз нигоњи ман лоињаи бузурги созмони Оѓохон дар соњаи маориф Лоињаи осиёмиёнагии менељмент буд. Ин лоиња дар чї вазъ аст, чаро дар бораи он дигар њарфе шунида намешавад? - Барномањои Созмони Оѓохон дар соњаи маориф ба рушди кишвар равона шудаанд. Мо дар соњаи маориф, ба маънои томи ин ибора, тамоми соњаро фаро гирифтаем. Сар карда аз рушди аввали кўдак дар тањсили ибтидої, то наќшаи тањ-


БО ИДОРИИ №1-И ОЃОХОН сил дар макотиби олї. Масалан, мо дар Донишгоњњои Осиёи Миёна мактаби идомаи тањсилро дастгирї мекунем. Мо курсњои тахассусї пешнињод мекунем. Барои мисол курсњои забони англисї, дигар забонњо барои онњое, ки дар сохторњои њукумат кор мекунанд, барои шањрвандони оддї, барои ќишрњои зиёди Тољикистон мо барномањои махсус дар соњаи маориф дорем. Њамчунин лоињаи Фонди Оѓохон оид ба Одамшиносї, ки лоињаи хеле хуби донишгоњї аст, ки натанњо ба шањрвандони Тољикистон, балки ба тамоми минтаќа равона шудааст. Ва ин барнома барои тамоми минтаќа пешбинї шудааст ва амалї мешавад. Дигар барномањои мо њамчунин ба бењдошти сатњи саводнокии ањолии Тољикистон дар умум равона шудаанд. - Бино ба иттилои манобеи мо, бештар аз 50 дарсади вазоратњои Тољикистон дар масъалаи таъсиси донишгоњи бузург мањз дар Бадахшон хулосаи манфї додаанд. Як манбаи мо аз вазорати молия гуфт, дар њукумат бар ин назаранд, ки донишгоњи сеюм бояд дар Бадахшон не, балки дар шањр ё ноњияњои дигар сохта шавад, бахусус дар ноњияњои тобеи љумњурї. Ба назари Шумо оё агар ин донишгоњ дар марказ сохта шавад, на дар Бадахшон, оё он аз нигоњи иќтисодї муваффаќтар хоњад шуд? - Ќарор дар бораи он ки ин донишгоњ дар куљо сохта мешавад, дар сатњи боло

ди хориљї љойи њунари асил, касбиро танг карда, ба рушди мусиќии касбї монеъ мешавад. - Ман танњо дар бораи барномањои созмони Оѓохон дар ин самт наќл хоњам кард, агар шумо розї бошед. Мо бо номи Ташаббуси Оѓохон дар самти эљодиёти мусиќї як барнома дорем. Тариќи ин барнома мо мусиќии анъанавиро дастгирї мекунем. Натанњо мусиќии анъанавї, вале асосан ин навъи мусиќї дар маркази диќќати мо ќарор дорад. Дар ин барнома асосан самти кори мо ин аст, ки ин навъи мусиќї дар сатњи байналмилалї муаррифї шавад. Мо барои ин заминаи мусоид фароњам овардан мехоњем. Дар доираи ин ташаббус барномае бо номи Синхроут амал мекунад, ки дар сатњи байнлмилалї муаррифї шудааст. Ин барнома мусиќиофарони Роњи абрешимро муттањид мекунад. Дар доираи њамин барнома мусиќии анъанавї ва касбї дар сатњи байналмилалї муаррифї мешаванд, муттањид карда мешаванд. - Сохторњои тиљоратї дар созмони Оѓохон наќши асосиро мебозанд, дар фаъолияти он. Ба њар њол, ман дар бораи лоињањое мисли Тсеll огоњї дорам. Ќаблан "Индиго - Тољикистон" буд. Мењмонхонаи "Серена", Боки аввалини ќарзии хурд, оё боз ягон лоињањое бузурги иќтисодї њастанд, ё не? - Шумо, ќариб тамоми лоињањои иќтисодии калидии моро номбар кардед. Мо

ваќт њисоби омории умумии маблаѓгузорињои созмонро набурдаем. Њар агентие, ки дар ин созмон кор мекунад, фаъолияти мустаќилона доранд. Онњо шурои директорони худро доранд. Барои мисол, фонди Оѓохон Шўрои директорони худро дорад, Фонди Оѓохон оид ба рушди иќтисодї, Шўрои мудирони худро дорад. Бинобар ин, барои ман њаљми умумии лоињањои сармоягузории созмонро ном бурдан мушкил аст. Вале чунин маълумот дар созмонњои тиљоратии созмон дастрасанд. Онњо дар даврањои муайян њисоботи худро нашр мекунанд, ки дар он љо њаљми сармоягузорињо гуфта шудааст. - Ба назари бархе аз иќтисоддонњои мо, њаљми умумии сармоягузорињои созмони Оѓохон дар Тољикистон на бештар аз 250 млн. доллари ИМА-ро ташкил медињад. Аммо дар њамин њол, барои мисол Tсell дар як сол метавонад то 110 - 120 млн. доллар ба даст орад. Бо ин гуфтаи коршиносон розї шудан мумкин ст? - Ин раќам аз будаш камтар нишон дода шудааст. Масалан, дар як сол созмони Оѓохон њудуди 50 - 60 млн. доллар сармоягузорї мекунад. Ин аз соли 1992 аст. Соли аввал кўмаки гуманитарї буд. Баъди ин сармоягузрї шуруъ шуд. Масалан, Тсell аллакай соли сеюм ё чорум аст, ки андозсупорандаи бењтарини Тољикистон эътироф мешавад. Барои њамин, ба назари ман, 250 млн. доллари солона

ќабул шудааст. Созинома дар бораи ин миёни роњбарияти њукуматњои Тољикистон, Ќазоќистон ва Ќирѓизистон ва Љаноби олї Оѓохони 4 имзо шудааст. Барои њамин бањс дар бораи макони сохтмони ин донишгоњ нест. Дар масъалаи молиявї ва маблаѓгузории ин лоиња, бояд гўям, ки сармоягузори калидї Љаноби Олї Оѓохони 4 мањсуб мешаванд. Ѓайр аз ин, албатта, манбаъњои грантї ва ќарзї ба ин лоиња аз созмонњои шарики мо љалб хоњанд шуд. - Саволи дигар дар бораи соњаи фарњанг аст, ки ба андешаи љомеашиносони тољик, дар њукумат раванде дар самти фарњангї шакл гирифтааст, ки фолклорро ба њайси осори классик ќаламдод мекунанд. Ин ба мусиќї, ба њунарњои дигари ниёгон, моли фолклор дахл дорад. Фонди Оѓохон созмонест, ки мањз њамин чизњоро рушд медињад. Ин соњаро маблаѓгузорї мекунад, дастгирї мекунад. Ба назари шумо оё ин раванд дуруст аст? Чун фолклор он ќадар зиёд шудааст, он ќадар маблаѓгузорї ба ин соња зиёд аст, ки мардум аллакай ба фарќаш сарфањм намераванд, ки барои мисол ин мусиќї фолклор аст, ё мусиќии касбї, ё классикї. Фарњангшиносони тољик бар инанд, ки фолклор бо сабаби маблаѓгузории зиё-

дар оянда боз ду лоињаи энергетикиро амалї хоњем кард, ки мову Шумо имрўз ба баррсї гирифтем. Ѓайр аз ин, мо тасмим дорем, дар самти агробизнес кор кунем. Лоињаи калонеро ба баррасї гирифтаем, ки дар соњаи агробизнес, дар назар аст, амалї шавад. Айни њол танњо баррасии ин лоиња идома дорад, эњтимоли зиёд њаст, ки он амалї шавад. Ѓайр аз ин, мо боз мехоњем ба ширкатњои хурд диќќати махсус дињем. Мо мехоњем дар самти дастрасии ширкатњои хурд ба ќарзњои хурди бонкї кор кунем. Мо айни њол дар бораи ин лоињањо дар Тољикистон фикр мекунем. - Њаљми умумии сармооягузории тиљоратии Созмони Оѓохон дар Тољикистон чї ќадар аст? - Њаљми умумии сармоягузорињои созмонро гуфтан мушкил аст, зеро мо ягон

барои Тољикистон хеле кам аст ва ба воќеият наздик нест. - Дар бораи ќазияи пурсарусадои Telia Sonera, ки журналистони Шветсия инъикос карданд, ростї, банда низ дар гуруњи корие, ки дар љамъоварии иттилоъ дар ин самт дар њудуди Тољикистон сањм дошт, шомил будам ва ба назарам, онњо воќеан нишон дода тавонистанд, ки гуруњи ин ширкат ба Осиёи Марказї роњ ёфт. Гап дар бораи садњо милион доллар ба духтари президенти Ўзбакистон Гулнора Каримова меравад. Њоло ин ќазия дар сархати расонањо ќарор дорад. Менељменти Тсell дар ин бора хомўширо авло донист. Зиёда аз ин фонди Оѓохин низ дар ин бора хомўширо ихтиёр кардааст. Сабаб дар чист? - Ман дар ваќти ављи ин ќазия дар То-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

5

љикистон набудам. Ба назари ман, шарњи ин ќазия барои он садо надод, ки ќазия мањз ба он ширкат рабт дорад, ки дар Ўзбакистон кор мекунад. Онњо мустаќиланд дар фаъолиятњои худ. Ин бањс миёни њукумати Ўзбакистон ва Telia Sonera буд. Тсell ба ин ќазия ягон иртибот надошт ва надорад. - Дар замони њодисањои Хоруѓ, Тсеll аввалин ширкате буд, ки алоќаи мобилї ва интернетро бо минтаќа ќатъ кард. Танњо баъди фишори љомеаи Бадахшон, љомеаи шањрвандї, ки аз љумла банда низ аз ин ширкат интиќоди шадид карда будам, ин ширкат маљбур шуд, аз мизољонаш ва тамоми мардуми кишвар узр пурсад. Ба ибораи дигар, мо онњоро ба ин кор маљбур кардем. Аммо чаро Фонди Оѓохон, ки дар паси ин ширкати бузург меистад, аз мизољони ин ширкат узр напурсид? - Тавре ќаблан гуфтам, ин агентињо фаъолияти мустаќилона доранд, роњбарияти алоњида доранд ва ин ширкати алоњида аст, ки менељменти алоњидаи худро дорад. Аз ин рў, Созмони Оѓохон наметавонад ба фаъолияти ин ширкат дахолати бевосита кунад, њамчунин, ки ба љойи онњо бахшишу маъзарат пурсад. Зеро инњо дар фаъолият ва идоракунї сохторњои алоњидаанд. - Ман албатта омодаам, ки посухњои дипломатонаи шуморо гўш кунам, тањаммул кунам, аммо бо вуљуди ин њам бояд гўям, ки агар Фонди Оѓохон намебуд, ин ширкат ба Тољикистон ворид шуда наметавонист. Гап дар ин хусус меравад, барои фаъолияти ин ширкат дар Тољикистон нуфуз ва таъсири худи Оѓохон наќши муњим дорад. Бозори алоќа дар Тољикистон бозори оддї нест ва даромадан бидуни ин созмон, комилан барои ин ширкат шояд номумкин мебуд. Барои касе пўшида нест, ки дар паси ширкати TCell танњо як нафар меистад, ки аз ин њисоб фоидаи молї мебинад, ин нафар Оѓохони 4 аст. Чаро шумо мегўед, ки фонди Оѓохон ва њатто худи љаноби Оѓохони 4 набояд дар чунин вазъи њассос аз мизољон ва аз мардуми Тољикистон узр пурсад? Ман њарчанд ягон иттилоъи илман асоснок надорам , аммо медонам, ки аксарияти мардуми Бадахшон мањз аз хизматрасонии ин ширкат истифода мебаранд, мизољони њамин ширкат њастанд, ки сањмияњояш ба Оѓохон тааллуќ дорад. - Тсеll ширкати бадахшонї нест. Ин ширкати миллї аст. Ин ширкат дарвоќеъ њамагї 35 дарсади бозори алоќаи Тољикистонро ишѓол мекунад ва на танњо дар Бадахшон кор мекунад. Барои њамин дар њар кишвари дигар, тибќи этика, роњбарияти ширкат узр мепурсад. Сармоягузор барои маблаѓгузории худ узр намепурсад, худро сафед намекунад. Ин тибќи этикаи тамоми љањони бизнес аст. - Ташаккур, бисёр љавоби хуб буд воќеан. Саволи дигари ман ин аст, ки болотар аз бинои Ориёнбонк, дар хиёбони Рўдакї, сохтмони биное идома дорад. Мегўянд, он ба Фонди Оѓохон мањсуб аст. Он љо чї бунёд мешавад? - Ин мавзеъ ба Фонди Оѓохон тааллуќ надорад. Ба фонди Оѓохон замине, ки дар суроѓаи Рўдакї 20 воќеъ аст, тааллуќ дорад. Дар ин љо фонди Оѓохон тасмим дорад, бинои худро бунёд кунад. Он љо бинои марказї - бинои асосии Фонди Оѓохон бунёд хоњад шуд. "Нигоњ"

МАЪЛУМОТИ "НИГОЊ" Алї Акбар Песнанї, намояндаи домии Бунёди Оѓохон дар Тољикистон 28 январи соли равон дар ин симат љойи Мунир Мењралиро гирифт. Таљрибаи 40 - солаи кор дар ин Бунёдро дорад. Њамзамон раиси раёсати Бонки аввалини микромолиявї дар Афѓонистону Покистон ва раиси раёсати Бунёди Оѓохон дар масоили фарњангї дар Покистон аст. Њамчунин мудири раёсати Ширкати суѓуртавии JubileeInsurance Co. ва Хадамоти рушди соњибкорї дар Покистон мебошад. Дар гузашта рањбари Кумитаи барномаи рушди заминњо дар минтаќаи риски заминљунбињо дар Кашмир буд. Њамчунин собиќаи рањбарї дар созмонњои мухталиф, аз љумла Клиникаи Донишгоњи Оѓохон дар Ќарочї, ширкат Ѓулом Фаррух Групп (Ghulam Faruque Group), ки як гуруњи истењсолї ва тиљоратї дар Покистон аст, дорад ва њамчунин раиси Бандари Гводар ва Маъмурияти амалисозии тарњи Бандари Гводар дар Покистон буд.


6

МУШКИЛОТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

Кобуси автобус Хуљанд ба наќлиёти калон эњтиёљ дорад ё не? Њокимияти Хуљанд мехоњад ба шањр 565 адад автобус ворид кунад. Маќомот инро роњи њалли мушкили наќлиёт медонанд. Аммо шањриён бар инанд, ки автобусњои бузургњаљм вазъи њаракати мошинњоро дар Хуљанд бад хоњад кард. Солњост, ки маќомот барои ворид кардани автобусњо ин дару он дарро мезананд. Чанд моњ пеш шањрдори Хуљанд Раљаббой Каримов зимни пазироии сафири Амрико дар Тољикистон хонум Сюзан Эллиотт пешнињод кард, ки лоињаи бо автобусњои мусофиркашони муосир таъмин намудани шањрро дастгирї намояд. Шањрдор 21 тарњ, аз љумла насб кардани камерањои назоратї дар њудуди шањрро низ пешнињод кард. Хонум Эллиотт гуфт, дар насб кардани камерањои назоратї таљрибаи корї доранд ва дигар пешнињодњоро мавриди омўзиш ќарор медињад. Раљаббой Каримов ворид кардани 150 автобуси мусофиркашро ба хонум сафир пешнищод кард. Дар гузашта замони раиси шањр будани Содиќ Мирхолиќов гапи автобусњо баромада буд. Тўли се нишасти матбуотии ахир њам рўзноманигорон таќдири автобусњоро аз раиси вилоят Ќоњир Расулзода пурсон мешуданд. Ахиран раиси вилоят ба ин масъала нуќта гузошту аз масъулин хоњиш кард, ки то омадани автобус ба мардум ваъда надињанду мардумро интизор накунанд, зеро дар 3 - 4 соли охир амалї шудани ин кор душвор аст. Аммо ду моњ пеш аз ин шањрдори Хуљанд бо роњбарии намояндагии бонки Аврупоии таљдид ва рушд дар Тољикистон Улф Хиндстром њам дар ин бора мулоќот

намуд. Ахирї њавасмандиашро дар доираи њамкорї ба ин лоиња баён карда, барои омўхтани он мўњлат хост. Аз рўи ин лоиња, ки маблаѓи умумии он 46.5 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад, дар се сол марњила ба марњила 565 автобус ворид карда мешаванд. Дар сурати амалї шудани лоињаи мазкур муаммои таъмини наќлиёт дар шањри Хуљанд пурра аз байн меравад. Аз њокимияти шањр ба "Нигоњ" иттилоъ доданд, ки алњол корњо дар ин самт идома доранд ва умед аст, ки ба наздикї ин корњо амалї шаванд.

"Алвидоъ, маршрутка!" Дар њамин њол, беш аз 1100 ронандаи микроавтобус, ки имрўз дар шањр фаъолият доранд, аз омадани автобусњо изњори нигаронї карда, мегўянд, аз кори худ мањрум мешаванд. "Набудани љои кор як тарафи масъала бошад, тарафи дигар ин ба фурўш рафтани микроавтобусњои харидаамон аст, чун арзон мешаванд ва зиёни молиявї ворид мекунанд" - иброз медоранд ронандагон. Аммо мудири шўъбаи наќлиёт ва алоќаи њокимияти шањри Хуљанд Fафурљон Дадољонов мегўяд, омадани автобусњо ронандагон ба 1.5 њазор ронанда талабот пайдо мешавад. Бино ба ин манбаъ, аз 46.5 миллион 5 миллион дол-

лари он барои таљдиду азнавсозии идораи тролейбусњо, ки њолати ногувор дорад ва инчунин истгоњњои шањр сарф хоњад гашт.

"Роњбандон" Воќеан, "тухми анќо" шудани автобусњо дар шањри Хуљанд гоњо сахт эњсос мешавад, бахусус микроавтобусњо дар "часпик" - соатњои рафту омади корї наметавонанд пурра њољати мардумро бароварда кунанд. Сими њаракати тролейбусњо канда шуда, њатто ба яѓмо рафтааст. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суѓд, 17-уми октябри соли 2012-ум се сокини шањри Хуљандро барои рабудани 197 метр сими троллейбус айбдор шуда буданд. Аммо Ањрор Сангинов, аз сокинони миёнасоли Хуљанд мегўяд, ворид кардани автобусњо аз хориља ба Тољикистон каме шубњаангез аст, зеро дар Душанбе як парки

автобус бекор хобида аст ва аз таљрибаи пойтахт бармеояд, ки автобусњо илољи воќеа нестанд: - Медонед, автобусњо хоси даврони Шўравї њастанд. Он замон мошин кам буд. Кучањо холї буданд. Автобусу тролейбус бањузур рафта меоянд. Аммо њоло нигоњ кунед, ки онњо набошанд њам, рањбандон - "пробка" мешавад. Дигар ин, ки њоло асри 21 аст ва одамон мехоњанд њарчи зудтар њаракат кунанд. Автобусу тролейбус њам харљи калон доранд ва њам наметавонанд одамонро зуд ба манзил расонанд. Ин афсонањо фардо ба кобус - хоби бад табдил меёбанд. Аз ин хотир, њоло њам сариваќт аст, ки аз овардани автобусњо даст кашанд. Баръакс, маршруткањои замонавї ва хурдро зиёд кунанд, то њадде, ки нархњо њам поин оянд.

Афзал БОСОЛИЕВ

ДОД АЗ ДАСТИ... ЧАНГ! Роњбарияти Тарњи азнавсозии роњи Душанбе Турсунзода - сарњади Ўзбакистон ба Бозрасии давлатии автомобилї (БДА) нома навишта, хоњиш кардааст, аз "чанг" - и ронандањо љилавгирї кунад.

- Ќисми зиёди ронандагон ба аломатњои ишоратї риоя накарда, бо суръати баланд њаракат мекунанд ва чанг мебардоранд, ки ин ба кори роњсозон халал мерасонад. Дар њавои гарми тобистон асфалтрезї масъулияти зиёдтареро таќозо мекунад, зеро он бояд бо сифати баланд анљом дода шавад. Вале баъзе мошиндорон беэътиної намуда, аз болои асфалти навзхобонида мегузаранд, ки дар чунин њолат ќабатњои хобонидани роњ хуб љо ба љо намешавад. Ронандањо бояд моро дастгирї намоянд. Чун дидем, ки бенизомї аз љониби ронандагон дар ин роњ ба танзим намедарояд, ба Раёсати бозрасии давлатии автомобилии љумњурї мактуб ирсол кардем. Мо аз нозирони роњи ин минтаќањо даъват ба амал меорем, ки барои ба танзим даровардани њаракати наќлиёт ва ха-

лалдор нашудан ба корњои сохтмонї ба роњ бароянд, - мегўяд менељери Лоињаи бењтар намудни њолати роњи минтаќавии Душанбе Турсунзода - сарњади Ўзбакистон Хурсанд Бобиев. Љин Фа Љу, муњандиси калони "Корпоратсияи сохтмони роњ ва купрукњои Чин", ки пудратчии лоињаи мазкур аст, мегўяд, чанги мошинњо ба мушкили роњсозон табдил ёфтааст ва "бо чунин рафтори худ ронандањои тољик ба фаъолияти роњсозон халал мерасонанд. Аммо ронандагон аќидаи дигар доранд. Онњо мегўянд, масъулони лоиња аз ўњдаи сариваќт обпошї кардани роњ баромада наметавонанд. Ќодир, ронандаи худрави тамѓаи "Дайво-Сиело" дар як рўз аз ин роњ 5 маротиба рафту омад мекунад. Вай гуфт, чун њаво

гарм аст оби пошидаи роњсозон зуд хушк мешавад. Номбурда сабаби бо суръати баланд њаракат карданашро чунин шарњ дод: - Роњ, ки навсозї шуда истодааст, аз Душанбе то Турсунзода анќариб, ки асфалт надорад. Ваќте оњиста рондї, ноњамвории роњро дар дохили мошин њис мекунї. Вале дар сурати бо суръати баландтар рондан, ноњамвории масирро кам эњсос мекунї. Барои њамин мо тезтар меронем. Аз љониби дигар агар мо оњиста ронем, дар як рўз як маротиба давр мезанему халос. Боќимонда мусофирон дар роњ бенаќлиёт мемонанд. Агар обпошакњо тавонанд, ки њамеша роњро дар њолати намї нигоњ доранд, чанг намешавад. Мушкил дар худи онњост на дар мо. Аммо Хурсанд Бобиев мегўяд, пањноии роњ 25 метрро ташкил медињад ва мошинњои махсус ба як бор рафтан танњо имкони об пошидан ба 3 метри масирро доранд: - Ронандањо агар аз болои њамин се метри намї њаракат кунанд, хуб мебуд, вале онњо бо дигар пањлуи роњ мусобиќа карда мегузаранд, ки дар натиља чанг ба осмон мепечад. Дар ин сурат њам ба худи онњо душвор аст ва њам ба роњсозон. Татбиќи лоињаи навсозии роњи Душанбе Турсунзода - сарњади Ўзбакистон моњи октябри соли 2011 оѓоз ёфт ва моњи октябри соли 2014 ба анљом хоњад расид. Мувофиќи

наќша соли 2015 ин љода пурра мавриди истифода ќарор дода мешавад. Тибќи наќшаи лоињаи зикршуда, пањноии роњ аз Душанбе то Турсунзода 25, 5 метр бо 4 хати наќлиётгард ба дараљаи 1-ум ва аз шањри Турсунзода то сарњади Ўзбакистон бошад, бо пањноии 15 метр ва 2 хати мошингард ба дараљаи 2-юм азнавсозї ва мутобиќ гардонида мешавад. Маблаѓгузори асосии амалисозии лоињаи мазкур Бонки Осиёии Рушд ва пудратчии он "Корпоратсияи сохтмони роњ ва купрукњои Љумњурии Мардумии Чин" мебошанд. 166,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медињад, ки 11,2 миллион доллари он њиссаи Њукумати Тољикистон аст. Дар робита ба пулакї шудани истифодабарии роњи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-сарњади Ўзбакистон Хурсанд Бобиев гуфт, ин роњ бо маблаѓњои грантї таљдиду васеъ мегардад ва пулакї шудани он аз имкон дур аст: - Барои нигањдошти минбаъдаи роњ мувофиќи наќшаи лоиња дар сарњади Ўзбакистон ва дарвозаи ѓарбии Душанбе барои муайян кардани вазни автомашинањои боркаш тарозуњо гузошта мешавад. Дар сурати аз меъёр бештар будани вазни мошин, аз бори зиёдатии он маблаѓ гирифта хоњад шуд. Умедљони САЪДУЛЛО


ДАР ДЕГИ СИЁСАТ

А

бдунабї Сатторзода аз зумраи афродест, ки аз адабиёт вориди сиёсат шуд ва миёни гурўњњои сулњкунандаи Тољикистон аз љониби нерўњои мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар тањия, баррасї ва маросими имзои санади нињоии сарнавиштсози Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон иштирок дошт. Кунун аз он айём 16 сол сипарї мешавад. Ба ин муносибат мо бо профессор Абдунабї Сатторзода сўњбате доир намудем. - Устоди муњтарам, биёед, суњбатамонро нахуст аз иштироки Шумо дар маросими имзои Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон оѓоз намоем. Он замон дар кадом вазифа фаъолият мекардед? - Аз моњи апрели соли 1994 то замони дар Маскав ба имзо расидани Созишномаи умумї, яъне 27-уми июни 1997 Музокироти расмии сулњи байни тољикон давом мекард. Ман узви њайати Музокирот аз љониби Иттињоди нерўњои оппозитсиюни тољик (ИНОТ) будам. Бинобар ин, ваќте ки ин Созишнома ба имзо расид, дар ќатори дигарон иштирок доштам. - Шумо аз соњаи тањќиќу таълим чун як адабиётшинос ва мунаќќиди варзида ба майдони сиёсат дар замони нооромињои кишвар ворид шудед, оё пештар аз ин бо сиёсат иртибот доштед? - Адабиётшиносї ва ё худи илми адабиёт бе сиёсат намешавад. Яъне њам адабиёт ва њам адабиётшиносї ба як маънї бозтобдињандагони мафкураи замонанд. Сиёсат як рукни мафкураи замон аст, адабиёту адабиётшиносї низ. Аз ин рў, хоњу нохоњ, ваќте ки ба тањќиќу таълими адабиёт машѓул мешавед, аз сиёсати замон љойи гурез нест. Аз ин љињат метавон гуфт, ки воќеан ман аз илму таълим ба сиёсат омадам. Ба сиёсат омадани банда ба замоне рост омад, ки дар Тољикистон ба шарофати давроне, ки бо номи Ошкорбаёнї ва Бозсозии горбачёвї ёд мешавад, љунбишњои демократї шуруъ шуда буданд. Он ваќт ќариб дар њама кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї низ њамин гуна шароите ба вуљуд омада буд ва дар онњо љунбишњои демократї ва таљаддудхоњї зуњур карда буданд. Он ваќт дар Тољикистон Њизби демократ таъсис ёфт ва ман дар њайати 10 нафар муассисони њизби мазкур будам. - Аз он ки ба сиёсат пайвастед, пушаймон нестед? - Не. Ман агар пушаймон мебудам, то дер ваќт дар сиёсат намемондам, чаро ки ба сиёсат пайвастани мо таќозои замона буд. Замона њамин гуна вазъиятро ба вуљуд оварда буд, ки одамро бетараф намегузошт. Ё њамроњ ба љараёну равандњои таљаддудхоњиву демократисозї њамроњ мешудеду дар фикри рушду истиќлоли Ватан ва кишвар меафтодед, ё ин ки мисли аксарият худро дар гўшае аз ин њама њодисањо канор гирифта, аз таќдири халќу ватан сарфи назар мекардед. Ман табиатан, ин хел одам нестам. Ваќте сарнавишти халќу миллати ман њал мешавад, наметавонам худро канор гирам ва аз дур назорат кунам. - Дар њайатњои музокиракунанда, ки дар чанд давра тўли беш аз 3 сол идома дошт, Шумо фаъолона ширкат намудаед. Бигўед, ки аз даврањои аввали ба њам омадани љонибњои сулњкунанда чї ёддоште доред? - Дар ин муддат хотираву ёддоштњои хеле зиёд дорам. Аммо њоло дар ин фурсати кўтоњ мехоњам дар маљмўъ гўям, ки як даврае буд, ки барои ман мактаби бузурги шинохти ватан, миллат, кишвар, замон ва одамон ба њисоб мерафт. - Бо чї далелњо наќши Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбаси муваќќатро дар раванди барќарорсозии сулњи тољикон бузург арзёбї мекунед? - Аввалан, Комиссияи мазкур заминаро барои фаъолияти Комиссияи оштии миллї (КОМ), ки баъдтар дар соли 1997 таъсис дода

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

7

сиюн, ки дар Њукумат буданд, пас аз интихобот низ фаъолияти худро идома доданд. Масалан, ман аз соли 1999 то соли 2006 муовини вазири корњои хориљї будам. Њол он ки муњлати сањмияи 30-фоизаи ман хеле барваќт тамом шуда буд. Ё ин ки Зайд Саидов вазири саноат буд ва то чанд соли наздик дар сохтори Њукумат кор мекард. Яъне, ин асосан ба шахсияти њамон нафаре, ки аз љониби мухолифин тариќи сањмияи 30-фоиза вориди њукумат шуда буд, вобастагї дошт. - Тўли 16 соле, ки сулњу оромї аст, то куљо њамаи он масъалањое, ки бањри рушди кишвар дар замони барќарории сулњ пешбинї шуда буданд, амалї гардидаанд? - Он корњое, ки ба дўши Комиссияи оштии миллї, нерўњои мухолифин ва тарафи Њукумат буд, усулан иљро шуданд. Шояд на ба он дараљае, ки матлуб буд ва интизораш мерафт. Вазири собиќи корњои хориљї, иќтисодшиноси машњур ва њамчунон роњбари њайати Њукумат дар Музокироти сулњ академик Талбак Назаров дар яке аз тадќиќотњояшон зикр кардаанд, ки рушди иќтисоди Тољикистон аз соли 1997, яъне баъди ба имзо расидани Со-

Абдунабї САТТОРЗОДА:

"АДАБИЁТ БЕ СИЁСАТ НАМЕШАВАД" шуд, муњайё сохт. КОМ, тавре ки маълум аст, асосан моњи сентябри соли 1997, баъди ба Душанбе омадани њайати ИНОТ ба кор оѓоз кард. Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбаси муваќќат дар душвортарин шароите, ки он ваќт дар Тољикистон вуљуд дошт, фаъолият мекард. Дар тамоми гўшаву канори Тољикистон, бахусус дар Тавилдара, Тољикобод, Ѓарм, Дарбанд, Дараи Њакимї, Ромит ва гирду атрофи Душанбе муќовимати низомї давом дошт. Аъзои Комиссияи муштарак мисли дастаи сўхторхомўшкунандагон фаъолият мекарданд. Онњо ба љойи воќеа ва низоъ њозир шуда, тарафњоро ба сулњу оштї даъват мекарданд ва мушкилоти бавуљудомадаро дар гармогармиаш њаллу фасл менамуданд. Бисёр нафароне, ки аъзои ин Комиссия буданд, воќеан њам аз худ љасорат ва корнамої нишон медоданд. Њатто баъзеашон дар ин кор љони худро бохтанд. На њар кас розї мешуд, ки узви ин Комиссия бошад. Агарчи ањли хонаводаи аксари аъзои Комиссия аз љониби ИНОТ дар Душанбе зиндагї доштанд, маљбур буданд, ки дар мењмонхонаи "Октябр" (њозира "Авесто") зиндагї намоянд ва бо худ муњофиз доштанд. Шароит хеле вазнин ва вазъият пурхатар буд. - Ин љо дар хусуси нафароне, ки дар роњи сулњ ќурбон шуданд, ёдовар шудед. Аз љумла як тан аз онњо Отахон Латифї буд, ки дар ин раванд аз љониби ИНОТ наќши босазо дошт. Дар хусуси куштори Отахон Латифї сару садоњо зиёд аст, аз љумла гўё ў аз љониби худи нерўњои мухолифин ба ќатл расонида шудааст. То куљо ин иддао воќеият дорад? - Дар ин љо чанд иштибоњ аст. Аввал ин ки марњум Отахон Латифї узви Комиссияи муштарак набуд, балки узви Комиссияи оштии миллї буд ва ба шањри Душанбе 15-уми сентябри соли 1997 омад, ки он замон аллакай вазъият дар дохили шањр нисбатан ором буд. Ќазияи Отахон Латифї баъди гузаштани чандин сол њанўз њам равшан нест. Бинобар ин, њукм ва ќазоват кардан, ки ўро худи нерўњои мухолифин ё дигарон куштаанд, як гапи беасос ва безамина аст. Отахон Латифї, генерал Њабиб Сангинов, профессор Моиншо Назаршоев, академик Муњаммад Осимї, табибони маъруф Юсуф Исњоќї, Минњољ Ѓуломов ва дигарон дар роњи сулњу оштї ќурбон шуданд. - Бисёрињо матни нињоии Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистонро ба ќалами Отахон Латифї тааллуќ медонанд. Оё дар њаќиќат чунин аст? - Наќши шодравон Отахон Латифї дар ноил шудан ба сулњ хеле бузург аст. Дар ду давраи аввали Музокирот роњбари њайати ИНОТ буд. Воќеан, дар такмилу тасњењи са-

надњое, ки дар љараёни Музокирот омода мешуданд, сањми калон дошт. Аммо матни Созишномаи умумиро танњо Отахон Латифї омода накардааст. Дар тањия, баррасї ва ба тасвиб расонидани созишномаи мазкур метавон гуфт, ки сањми њамаи њайатњои музокиракунанда - њам Њукумат ва њам љониби ИНОТ ва њам СММ, ки сарпарасти Музокироти сулњи тољикон буд, њаст. Механизми омода кардани санадњо дар Музокирот чунин буд, ки онро наметавонист як нафар дар танњої омода бисозад. Аммо такрор мекунам, ки сањми устод Латифї дар раванди сулњи тољикон калон аст. - СММ ѓайр аз сарпараст будан дар сулњи тољикон боз чї наќше дошт? - Созмон додан, њамоњанг сохтани Музокирот њама бар дўши СММ буд. Намояндагони вижаи Дабири кулли СММ дар даврањои гуногун сарпарасти Музокирот буданд. Дар Музокироти сулњи тољикон намояндагони кишварњои кафил низ буданд, аз ќабили Русия, Эрон ва кишварњои Осиёи Марказї. Ваќте ки дар њар кишваре ин ё он даври Музокироти сулњ баргузор мегашт, он кишвар харољотро ба зиммаи худ мегирифт. Масалан, тамоми харољоти даври аввал ва даври охири Музокирот, ки дар Русия гузашт, аз њисоби маблаѓњои њаќќи узвияти ин кишвар дар СММ буд. Њамин гуна нишастњо ва даврањо дар Эрон, Покистон, Ќазоќистон, Афѓонистон, Туркманистон ва Ќирѓизистон њам гузаштанд. Давраи аз њама тўлонї, ки таќрибан дар њудуди 3 моњ давом ёфт, дар Туркманистон буд, ки харољоти он асосан аз њисоби ин мамлакат буд. Илова бар ин, кишварњое буданд, ки агарчи дар раванди Музокирот бевосита иштирок надоштанд, вале дар татбиќи Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон њамкорї мекарданд ва сањми назаррас гузоштаанд, аз љумла ИМА. - Њанўз њам дар хусуси аз сањнаи кадрњои роњбарикунанда дур намудани аъзои собиќ нерўњои мухолифин зиёд сухан мекунанд ва њангоме ки аз сулњ ва дастовардњои Тољикистон сухан равад, номи онњо сарфи назар мешавад. Сабаби инро Шумо дар чї мебинед? - Ё ба ќавли як хонандаи шухтабиати рўзномаи "СССР" "Сифоизањо Секин, Секин Рафтанд"… Ин суханњо ѓолибан аз надонистани асли гап аст. Ман инро њамчун як нафаре, ки то имрўз дар сохторњои њукуматї фаъолият мекунам, мегўям, чунки ман њам аз њисоби сањмияи 30-фоиза дохили Њукумат шуда будам. Он сањмия шарту шароит дошт. Њайате, ки аз љониби мухолифин вориди сохторњои њукумат шуда буд, то интихоботи Президент ва ташкили Њукумати нав муњлат дошт. Ваќте ки Президент интихоб гардид ва Њукумат нав шуд, аллакай сањмияи 30-фоиза амал намекард. Аммо бисёре аз намояндагони оппозит-

зишномаи умумї оѓоз шуд. Албатта, ин суръати рушд ва дастовардњое, ки мо имрўз дорем, ба њадде нест, ки љомеаи Тољикистон ва халќи он мунтазираш буд. Имрўз мушкилоти хеле зиёд ва масъалањои њалношуда дорем. Сатњи зиндагии мардуми мо ба он дараљае нест, ки бояд бошад. Љойи кор намерасад, маош кам аст ва ин њама мардуми моро маљбур мекунад, ки ба муњољират раванд. Аммо ин мушкил танњо хоси Тољикистон нест. Мушкили ќариб тамоми љомеањое аст, ки пас аз шўравї давлатњои мустаќил шуданд. Имкониятеро, ки Тољикистон дорад, намешавад, ки бо имконоте, ки Ќазоќистон ё Туркманистон дорад, баробар кард. - Аз раванди имзо шудани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон чї хотироте доред, ки њангоми ёдоварї аз раванди сулњи тољикон он зуд ба ёдатон меояд? - Як воќеаи аљибе буд. Мо чанд нафар њамчун узви Комиссияи муштарак ба хотири иљрои маъмурияти навбатї шабе дар маркази ноњияи Рашт дар дафтари СММ будем. Хабари таъљилї расид, ки фардо аз љониби Тољикобод ќуввањои мухолифин ва аз љониби шањр нерўњои њукуматї аз ноњияи Дарбанд ба сўйи њамдигар њамла карданианд. Агар ин кор мешуд, хатари задухўрди шадидие мављуд буд. Ваќте ки ман аз љониби ИНОТ ва марњум Юрий Иванович Федушкин, корманди собиќадори Кумитаи амнияти љумњурї пас аз пешгирии њамлаи нерўњои њукуматї аз маркази ноњияи Дарбанд ба пости Лаби Љар расидем, маълум шуд, ки шаби гузашта дар ноњияи Тољикобод падари ќумондони њамин пост кушта шудааст. Тасаввур кунед, ки ў дар кадом њолат ќарор дошт. Бинобар ин, ваќте фањмид, ки дар мошини СММ намояндаи оппозитсия низ њаст, кўшиш намуд, ки худро ба назди мошини расонад ва маро паронад. Марњум Юрий Иванович, ки марди ќавипайкар ва тањамтане буд, бо тамоми зўру тавони љисмонї ва рўњоние, ки дошт, кўшиш кард, ки пеши ўро бигирад ва ором бикунад. Аммо њамагї пас ду рўз тасодуфи аљибе рух дод. Дар маркази ноњияи Рашт дар манзиле бо њамон ќумондон ва масъулони тарафи њукумат сари як дастархон нишастем ва як пора нонро бо њам дидем. Агарчи на ман ва на он ќумондон аз он рўзи шуму њодисаи нохуш ёд наовардем, аммо маълум буд, ки њар ду тараф хиљолат мекашидем. Ин воќеаи њузнангез гувоњи равшани он аст, ки љанги шањрвандиро ба сари миллати мо, тавре ки њамеша Президенти муњтарами кишварамон мегўянд, дигарон тањмил карда буданду фарзандони онро ба хотири баровардани ѓаразњои нопоки худ ба њам душман гардонида буданд. Мусоњиб Фаридуни УМАРБЕК


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

«ИНТИХОБОТ» ВА МАРДУМ

Лоињаи таѓйиру илова ба ќонун дар бораи интихоботи президенти Тољикистонро, ки бархе аз ањзоб ва созмонњои иљтимоии кишвар наздики ним сол омода ва тавассути вакилони ЊНИТ пешнињод карданд, Маљлиси намояндагон бо як бетафовутї ва сањлангорї рад кард. Парлумон њатто маљол надод, ки матни ин лоиња аз Шўрои маљлис то ба кумитањо биравад ва бе он ки андеша аз пайомадњои ин амали худ бикунад, зањмати ањзоб ва созмонњои иљтимоии кишварро, ки бархоста аз хоњиш ва иродаи мардум буд, нодида гирифт. Ва бори дигар собит кард, ки он њокимияти мустаќил, нињоди олии ќонунгузории кишвар набуда, балки як нињоди мутеъ ва фармонбардори њокимияти иљроия аст. Ва агарчи њарфи такрорист, ин љо ёдовар мешавам, ки бо ин амали худ Маљлиси намояндагон нолозимии худ дар низоми њокимияти Тољикистонро тасдиќ кард.

Њукумати «ќавї» ва мардуми «заъиф» Чаро парлумон таѓйиру иловањо ба Ќонуни интихоботи президенти Тољикистонро рад кард? Бо ин ду љумла, сўњбат дар бораи Маљлиси намояндагонро ќатъ, вале дар идома масъала ва ё саволи асосї: " чаро тарњи пешнињодии ањзоб ва созмонњои иљтимої ќабул нагардид?"ро мавриди баррасї ва бањс ќарор медињем. Воќеан, чаро ин тарњ, ки њамагї як пешнињод дошт аз тарафи Маљлис рад шуд? Пешнињоди мазкур хеле содаву оддї аст: "Ташкили њайати комиссияи участкаи интихоботї бо иштироки баробари намояндагони ањзоби сиёсї". Пешнињод, пешнињоди мантиќї ва дуруст њам њаст, зеро бо ташкили њамчунин комиссиюн шакку тардид дар натиљаи интихобот боќї намемонад. Њоло ин љо як кам шарњ бидињем, ки пешнињодро аз чї хотир мантиќї ва дуруст хондем. Интихобот майдони мусобиќае аст, ки њарифњо вориди он мешаванд, њарифоне, ки бо њам даъво ва дар љазбу љалби ирода ва орои мардум ба њам шакку гумон доранд. Фотењу пирўзи ин майдонро танњо раъйи мардум таъйин ва маълум месозад. Ва њамин шакку гумонњо тавассути мардум бартараф карда мешавад. Аз ин љињат ташкили њайати аъзои комиссияи интихоботї дар участкањо бо њузури мустаќими намояндањои ањзоби дигарандеш возењ ва муайян мекунад, ки халќи Тољикистон ба кї овоз додааст ва киро баргузидааст? Ворид шудани намояндањои ањзоби мухолиф ба узвияти комиссияи ќитъањои раъй исботи раднопазири воќеияти интихобот мегардад. Зеро дар сурати ширкати намояндаи њарду тарафи муддаъї, имкони ба бастаи баргањои раъйи як номзад њамроњ кардани баргањои раъйи номзади дигар аз байн мерафт ва раъйи додаи мардум беѓалату беиштибоњ шуморида мешуд. Ба иддаои ањзоби мухолиф ва созмонњои иљтимої ќабули тарњи мазкур имконияти ѓорат ва сирќати раъйи мардум аз тарафи њизби њокимро аз байн бурда шароити њифзи онро фароњам меоварад. Аммо ваќте ин комиссиюн аз намояндањои як гурўњи њамназару њамаќида ва аъзову љонибдорони як њизб ташкил мешавад, табиист, ки бовару эътимод ба њаќиќат ва воќеияти ин интихобот аз байн меравад. Њоло иддаои ањзоб ва созмонњои иљтимої аз љумла муаллифони ин лоиња њам ин аст, ки дар интихоботњо аксарияти халќи Тољикистон онњоро тарафдорї мекунад, аммо чун интихоботро танњо намоянда ва нафарони Њизби њокими халќї-демократї љамъбаст менамоянд, раъйи мардумро бардурўѓ ба фоидаи худ эълон медоранд. Даъвои онњо њамин аст. Ва азбаски њариф њамчунин даъво мекунад, мебоист ба даъвояш гўш фаро медод ва тавре мекард, ки беасос будани даъвояш исбот мешуд. Аммо нашуд ва аз ин љињат забони ањзоби мухолиф дароз аст.

Ин љо табиист, ки пурсишњои дигар пеш меояд. Масалан, агарки овози халќ дуруст њисоб шавад, кї зарар мекунад, кї бой медињад? Ва кї намехоњад, овози халќ дуруст њисобида шавад? Кї розї нест, ки воќеият ва њаќиќати интихобот ошкор шавад? Аз онки овози халќ ба кї дода шавад ва ё ба кї дода нашавад, кї нигарон аст? Ќатъан, ки ањзоби дигарандеш ва он созмонњои иљтимої не. Фалсафа ва мазмуну моњият ва њикмати интихобот њам ин аст ки сањна ва арсаро фароњам месозї ва бозигарон (даъвогарон) рўи он меоянд ва халќ бањо медињад, интихоб мекунад ва бармегузинад. Аммо ваќте сањна барои як љониб пўшидаву махфї ва аз чашми мардум њам нињон аст, он интихобот интихобот нест: - тахаллуф ва таќаллуб аст, роњзанї ва найранг аст. Ба ин маънї, њукумате, ки бо раъйи мардум ташкил шудааст аз рафтан ба назди мардум ва аз ошкоро гирифтани овози он бим надорад. Њукумате, ки бо розигї ва "окей"- и халќ ташкил шудааст, чаро тарсад аз онки баргаи раъйро кї мешуморад? Чаро аз онки як ё ду намояндаи њизби дигар низ узви комиссиюн бишавад? Дуруст намегўям? Меравад мардона ва бо сари баланд. Бале, оне, ки намехоњад аъзои комиссияи овозшуморї дар участкањо аз њама ањзоб, аз љумла ањзоби мухолиф бошадро њамаамон медонем. Чунки вай ба худ эътимод надорад ва даќиќан огоњ аст, ки халќ ўро намехоњад. Љуръат ва љасорат надорад, ки интихоботи озод ва шаффоф баргузор шавад. Дар њаќиќат агар ба худат бовар дошта бошї, чаро ба њузури намояндаи ањзоби сиёсии мухолиф дар комиссияи участкањои интихоботї мухолифат биварзї? Дар як бозии ошкорову мардона шикасташон бидењ ва собит соз, ки пойгоњи иљтимоият ќавї аст ва ончики ањзоб аз интихоботи ноозод мегўянд, чизе беш аз айбљўї нест? Агар ѓайри ин нест, чаро лоињаи мазкур ќабул нагардид? Пас аз инљо маълум мешавад, ки Маљлиси намояндагон бељињат ин лоињаро рад накардааст, чунки аксарияти кулли вакилони он аз ЊХДТ-анд. Ва мусалламан онњо иттиллои сањењ доранд, ки номзади онњоро, њар касе њам, ки њаст, халќ ќабул намекунад! Ва барои онки боз њам аз роњи ѓирому найранг маќомро њифз кунанд, радди ин лоињаро салоњ ва роњи ягона донистанд.

Ранљи мардум роњати як гурўњ Аз сўи дигар ин њам як њаќиќати бебањс аст, ки онеро ки њељ гоњ интихоб нашудааст, наметавон водор кард, ки ба интихобот биравад. Нафареро, ки вобастаи ирода ва раъйи мардум набуд, чї тур метавон бо ирода ва раъйи мар-

дум вобаста кард?! Чунин нафар чї гуна њозир мешавад, ки худро ба муњокимаи мардум бугзорад? Дуруст пай бурдаед ва пай бурдаанд, ки халќ ба нафаре, ки роњашро пулакї, зимистонашро бебарќу газ, шањрњояшро бе оби гарм кардааст, овоз намедињад. Инки пешвозњову сурудхонињо ва раќсу мадењагўињоро ба намоиш мегузоранд, табиї нест, сохта асту дастист. Даруни хонањо њарфи дигар аст. Даруни дилњо дарди дигар аст. Писар, бародар, падар, шавњар ва њатто хоњару модару арўс дар мулки ѓарибї, дар пайи як бурида нон, бо њазорон њазор хориву зиллат. Куљо ороманд, онњое, ки чашминтизоранд, дилњояшон дар тањлука, хоби шабашон њаром. Чун вуруди тобутњои оњанї, дигар вуруди корвони тољирони Чин ба Њалабу Шому Хутанро монад, беист, мунтазам ва њамарўза. Чун рамзи интиќоли пули наздиконро гирифта ба гирифтани он мераванд њазорон бор дуои љондарозии онњоро мекунанду њазорон бори дигар дуои љонбароии .... ин вазъу ин ањволро. Як воќеияти талхи дигари даврони мо. Љавоне бо исрори модараш барои бори аввал ба адои намози љумъа ба масљид меравад, ки ба дасти њомиёни њифзи њуќуќ меафтад. Бо љаримаи барзиёд халос шуда, ба модараш мегўяд, љумъахонї барои мо набудааст. Чун ќонуни давлат манъ кардааст, аммо мо шикастем... Бубинед, дуруст аст, ки дар шўравї шароити анљоми ибодат хеле њам мањдуд шуда буд,

«

Ба ин маънї, њукумате, ки бо раъйи мардум ташкил шудааст аз рафтан ба назди мардум ва аз ошкоро гирифтани овози он бим надорад. Њукумате, ки бо розигї ва "окей"- и халќ ташкил шудааст, чаро тарсад аз онки баргаи раъйро кї мешуморад? Чаро аз онки як ё ду намояндаи њизби дигар низ узви комиссиюн бишавад? Дуруст намегўям? Меравад мардона ва бо сари баланд.

«

аммо њамчунин њодисае, ки як шањрванд барои намоз љарима бишавад, њатто дар он замонњо ёд надорем. Њамин тавр, њоло барои таълиму тадриси улуми ибтидоии исломї устод ва барои пўшиши њиљоб модарону духтарон бо наќзи ќонун муттањам мешаванд. Њам меъёрњои дину ойин ва расму русуми мардум тањќир ва њам иззати нафс ва ѓурури инсониаш зери по карда мешавад. Як мисоли оддии дигар, ки њамарўза шоњиди он мешавем. Чаро нархи билети парвоз аз Тољикистон ба шањрњои Русия мањз дар фасли тобистон ва баракс мањз дар тирамоњ аз Русия ба Тољикистон гарон мешавад? Зеро мавсими рафту омади муњољирони корї аст. Аммо пуле, ки аз фурўши билетњо ба даст меояд, ба љайби кї мерезад? Аксарияти парвозњоро, ки тайёрањои хусусї анљом медињанд. Соњиби ин самолётњои (њавопаймо) хусусї ё дар њукумат ва ё бо њукуматанд. Магар онњо мехоњанд, ки ќонун иваз шавад? Ин њама ранљу азоби халќро онњое, ки нахостанд ва розї нашуданд ва иљоза надоданд, ки ќонуни интихоботи президентї ислоњ шавад, хуб медонанд. Хуб медонанд, ки дар бадали ин њама "иќдомоти беназир" ва "бесобиќа" аз халќ таваќќўи пуштибонї кардан аблањие беш нест. Ва даќиќан медонанд, ки халќ ба њукумати як авлод, як оила ва як мањал раъй нахоњад дод. Халќ ихтиёран ба онњое раъй намедињад, ки худи халќро ба василаи тиљорат ва манбаи даромад бадал кардааст. Агар ќонунњои интихоботии кишвар чї президентї ва ё чї парлумонї ислоњ мегардид ањзоби мухолиф њам метавонист дар њокимияти кишвар шарик шавад. Ширкат ва њузури ањзоби сиёсї дар њокимият тавозуни нерўњоро ба вуљуд меовард ва њељ гурўњи алоњида (намунањои фаъолияташро зикр кардем) бо яккатозї ин њама балоро болои халќ оварда наметавонист, чун њизби дигар иљозат намедод, чун њизби дигар дар идораи давлат сањм дорад ва шарик аст ва медонад, ки ин корњо танњо барои фоида ва манфиати як гурўњ аст ва агар ки сокит бимонад, ин навбат халќ ба вай овоз намедињад, аз бовари мардум мебарояд. Ба ин тартиб, сабаби асосии рад шудани лоињаи ќонуни мазкур аз тарафи Маљлиси намояндагон ин аст, ки гурўњи њоким ќудратро рањо кардан намехоњад. Чун онњо ба дурустї дарк кардаанд, ки ќонун иваз шавад аз сари ќудрат мераванд. (Њоло агар худо нахоста њамчунин њарфњое, ки њамин њоло мехонед дар расонањо бештар бишавад, гўяндаашро душмани халќ, иѓвогар ва њазору як айби дигар мебанданд. Чуноне дар ин чанд рўзи ахир мо шоњиди њамчунин бархўрд бо мунтаќидон њастем, ки воќе-


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

9

бобои Шариф ва холаи Марям моњи октябри соли 1952 тифле ба дунё наомада буд, миллат бесарвар мемонд? Њоло агар аз шумори руќабои шоистаи интихоботи соли 2006 фарзи мисол А. Ќарокулов ва ё А. Ѓаффоров пирўз буд, онњо буданд Сарвари миллат? Яъне касе раиси љумњур шавад? Пас миллати мо Сарварњои Миллати зиёд доштааст. Инљо рубрикаи "Нигоњ" ба хотирам омад: "Хари маро нахандонед". Аммо ... аммо раиси љумњурї дар давраи муайян интихоб мешавад. Аз он бут набояд тарошид, саљда набояд кард, куфр аст. Аз он шоњ набояд сохт, чун шоњзода нест, айб аст. Аз он устура набояд сохт, аз он олим набояд сохт: ѓоибона хондааст. Як инсони одї, дењќонзода, мудири воњиди кишоварзї буд ва талотуму тўфони рўзгор тасодуфан овардаш сари кор. Инсони оддї, ки њаст, њоло њам њамон гуна оддиву содда боќї мондааст ва ќиёсу масъалагузорињояш њам њамин тавр оддиву содда. Барои мисол дар љараёни сафараш ба вилояти Суѓд гуфт, ки мардуми љањон дар бораи фатњи кайњон фикр мекунад, мо дар бораи риш. Воќеан, дуруст. Вале ин тарафи масъаларо нагуфт, ки кї дар бораи риш ќарор ќабул мекунад ва барои кї риш масъала шуда бошад. Занахи ришдор дар бораи риш фикр мекунад, ё занахи бериш?

Ќирѓиз метавонад, тољик на...

иятњои талхи кишварамонро рўирост гуфта истодаанд). Аз ќудрат рафтан яъне чї? Мањрум шудан аз ин њама нозу неъмат, шукўњу љалол, савлату сарват аст, ки барои мисол 22 сол пештар њатто орзуи њамчунин зиндагиеро, ки њоло доранд, дар хаёл надоштанд. Магар не? Яъне домодњо, писару духтар, аммабачаву таѓобача, бародарзан ва њар касеи дигари дипломи ѓоибонаву рўзона доштаи мањалли муайян сари њукумат меомаданд? Имрўз ба он лофу газоф ва дурўѓњое, ки бањрашон мегўянд ва ё мебофанд, афроде мисли Атахон Сайфуллоев, ки пешааш дар њар давру замон њамин будааст (њар кї дар сари њокимият аст ўро тамљиду тавсиф мекунад), бовар кардаанд. Таблиѓу ташвиќ тавассути шабакањои телевизионї, радио ва расонањои чопї ба њадди ифроту тафрит расонида шудааст, љомеа аз ин њама хаста ва дилгир аст. Аз ин љост, ки як ќисме аз мардум ба ночор тан дода мегўяд, монед, бало ба пасашон, сарашона хурад, тинљиву амонї бошад... нонамонро меёбем. Чун тањти таъсири таблиѓоти ифротї (солњои навадумро фаромуш накунед!!) мепиндоранд, ки агар ин њукумат иваз шавад, боз љанг хоњад шуд. Бубинед ин њама њарфи љанг бањона ва дурўѓе беш нест. Чаро агар гурўње аз њокимият равад љанг бишавад? Ин тарсдињї ва тарсониданњо ва дар муњиту вазъияти изтирорї ва бо хотири парешон, пурташвишу пуризтироб нигоњ доштанњо ба чї маќсад аст? Оре, аз даст надодани курсї ва ќудрат аст.

"Сарвари миллат" таърифи нав Як сабаб ё ангезаи беэътиної ва нописандии Маљлиси Намояндагон ба лоињаи ислоњоти ќонуни интихоботи президентї њам њамин боќї мондани тарс аст. Тарси љо шуда дар даруни як ќисми мардум боиси дилпуриашон шуда ва пушташонро дар баробари њарифони сиёсї гарм нигањ медорад. Аз руњияи осебдидаи љомеа суиистифода мекунанд. Агар афроде назири Атахон Сайфуллоев аз рўи одати дерина мадњу санои пур аз тамаллуќи роњбарро карда бошанд, аммо касоне мисли Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносї талош мекунанд бо хушомадњо садоќат ва вафодории худро тавассути расонањо ба намоиш бигзоранд. Ин идда он ќадар ба такрор дурўѓ менависанду мегўянд, ки худ ба дурўѓи худ бовар мекунанд. То ин замон љаноби президентро сардори давлат, лидери Тољикистон, Љаноби олї ном мебурданд, аммо аз забони љанобашон бори аввал ибораи "Сарвари миллат"-ро њам шунидем. Раиси љумњуриро, ки як нафари

муваќќатан дар курсинишаста аст ва курсиашро њар ваќте мардум хост аз зери пояш мегирад, Сарвари миллат унвон ва хитоб кардан фаќат бо як маќсад аст: худширинкунї ва хушомадгўї. Бо ин гуна сифатсозињо ва бо ин гуна таблиѓу ташвиќи нољову шармовар нафари аз байни халќ баромадаро аз халќ људо ва бар халќ афзал донистану тарљењ додан чї зарурат дорад? Љойи онки бигўед, хуб дигар кофист, њай таърифу тавсиф мекунед, ки худи мамдўњ њам фирефта мешавад ва дигар поин баргаштан намехоњад. Ба њангоми бањодињї фарозу фуруд, давру бар ва гузаштаву имрўзаро њам бояд ба њисоб гирифт. Шахспарастиро набояд ба ављи аъло расонд. Халќњои дигар ин тавр нестанд. Иваз мекунанд ва иваз мешаванд. Бубинед Алмосбек Отамбоев, раиси љумњурии Ќирѓизистон чї мегўяд: " Мо стратегияи рушди устувори кишварро то моњи декабри соли 2017 ќабул намудем. Дар наќша на танњо рушди иќтисод, њатто боби "интихоботи шаффоф" њам њаст. Ба аќидаи мо, барои Ќирѓизистон доир намудани интихоботи шаффоф баробари рушди иќтисодиёт ањамиятнок мебошад. Баъзан ба ман савол медињанд: баъди ту чї хоњад шуд? Ман мегўям, ки баъди ман бењтаринњо меоянд ва хубтар кор мекунанд, зеро мардуми мо намегузоранд, ки роњбарон бад кор кунанд. Ман тамоми чорањои имконпазирро меандешам, то ин раванд ба низом дарояд." Иќтибос аз мусоњибаи Алмосбек Атамбоев, раиси љумњурии Ќирѓизистон ("Тољикистон", №22 (1013) 30 май соли 2013). Намунаи олии љавонмардї ва давлатдорї ин аст. Эътимод ба нафс ин аст, ибо намеварзад, мўътаќид аст, ки баъди ў як ќирѓизи сазовортар, шоистатар ва бењтар аз ў, љойи ў хоњад омад. Мо бошем тољики шоистатар надорем, мегўем ва мукаррар тазаккур медињем: - танњо ?, фаќат ?, касе дар баробари ? дар ин миллат нест (ин чї миллати безарфияти бе мард аст?) яъне аз ин тавр њарфњои бебунёд, дуруст ба мисли сифатсозии М. Давлатов, ки раиси љумњурро "Сарвари миллат" хондааст. (Дар зимн ин нуктаро ёдовар шавам, ки туфайли хидмат ва њидоятњои њамин гуна "исломшиносони наврўид" аст, ки дар ин авохир робитаи давлат бо дин ба сардї гароида, динситезї боло бигирифт. Њамин мамнўъ ва мањдудсозињо аз баракати сиёсатњои исломшиносонаи масъулине чун М. Давлатов аст, ки дар ватани тољики мусалмон дањ ѓайримусалмон њаќ дорад як ибодатгоњ бисозад, вале ин меъёр барои сохтани як масљид ба мусалмонони ин кишвар 1000 нафар муќаррар шудааст. Ва бо инки љавонони то синни 18-соларо аз тадрису тарбияти динї дур нигањ медоранд, низ ба љое

«

Ин идда он ќадар ба такрор дурўѓ менависанду мегўянд, ки худ ба дурўѓи худ бовар мекунанд. То ин замон љаноби президентро сардори давлат, лидери Тољикистон, Љаноби олї ном мебурданд, аммо аз забони љанобашон бори аввал ибораи "Сарвари миллат"-ро њам шунидем.

«

нахоњанд расид, балки онњоро зери бори хурофот мебаранд. Љаноби исломшинос фарќи фарз аз хурофотро донед. Иљрои фарзи динї ногузир аст. Фарзи динї эљоду бофтаи Тўраљонзода ва Кабирї нест. Мусалмононро аз адои фарзи диниашон мањрум кардед. Андеша кунед. Ин њадиси мубораки Пайѓамбар(с) аст ки мегўяд "Роњи љаннат аз дунё мегузарад". Иљрои фароизи динї кору вазифаи хонагї, кори охират нест. Он фарз кори дунё, кори љомеа аст.Шумо бо ин амалу иќдоми худ раванди гароиши мардум ба дину оинашро боздошта наметавонед ва инки тољики мусалмон дер ё зуд ба иљрои фаризаи диниаш рў меоварадро низ ба Тўраљонзода ва ЊНИТ нисбат надињед. Ва инки гумон доред бо афзудани шумори љавонњои намозхон маќому љойгоњи ЊНИТ ва Тўраљонзодањо тањким меёбад ва онњо ќудратро мегиранд ва шумо бемансаб мемонед, низ бардошту хулосаи бемантиќ аст. Чун садњо њазор аз тољики мусалмон, ки намоз мехонаду рўза медорад, барои худаш ва барои дунёву охирати худаш ин корро мекунад ва аслан ба ЊНИТ ва Тўраљонзода кореву иртиботе њам надорад). Њоло аз ин бигзарем. Агар ки ба пиндори шумо раиси љумњур "Сарвари миллат" бошад, пас дар солњои 1990, 1989, 1988 ва аз он пеш ин миллат миллати бесарвар буд? Ва ё њамон Котибони якуми ЊКТ Сарвари миллат буданд? Билфарзе агар љанги шањрвандї намешуд, Фронти халќї намеомад ва агар Русияву ?збакистон онро мусаллањ ва мухолифин Набиевро водор ба тарки вазифа намекарданд, ин миллат бесарвар мешуд? Ва агар дар хонаводаи

Дигар сабаби ради лоињаи ислоњот ба ќонуни интихоботи президентї он аст, ки њукумат бо ин амал ба хориљињо (ба таъбири худи раиси љумњур, "хољањои хориљї) нишон ва паём дод, ки оппозитсия он ќуввае нест, ки шумо ба он такя кунед. Њарфи аввалу охиру њам мобайнро фаќат мо мезанем. Њарчи унвоневу айбе, ки мегузоред - худкома, тоталитарї ва ѓайраву њоказо гузоштан гиред, аммо зимоми њукуматро ба ин осонї аз даст намедињем. Инљо зарур аст як иќтибоси дигари бамавридро аз раиси љумњурии феълии кишвари њамсояи Ќирѓизистон биоварам. Љаноби Отамбоев дар њамин мусоњибааш дар робита ба њокимони дарозумр, ки боиси монеаи рушди кишварњои Осиёи Миёна шудаанд, изњори назар карда, боз њам мардуми ќирѓизро таъкиди алоњида кардааст: " Дар Ќирѓизистон дар тўли таърих њукумат, пешвоён, роњбаронро њамеша мардум интихоб мекард. Касе, ки кўшидааст худро њокими мутлаќ, хон эълон дорад, ноком шудааст. Дар таърихи мо њамин гуна як хон буда, ки дар нињоят аз дасти ќирѓизе кушта шуд. Њукумати меросї, њукумати худкомаро мардуми мо ќабул надорад..." Ин мардуми ќирѓиз аст, ки њукумати меросї ва худкомаро ќабул надорад. Мо чї? Ањзоби сиёсии мо чї? Чаро пешнињоди ањзоби сиёсї ба эътибор гирифта нашуд? Чаро Маљлис ва њукумат онњоро писанд накард? Чунки дар њаќиќат ањзоби мухолифи тољик заъиф аст. Заъфи ањзоби мухолиф на дар электорат ва набуди пойгоњи иљтимоии ќавї ва пуштибонии тўдаи мардум, балки дар роњбарият ва раёсати он аст. Њамон гуна ки њукумат аз афзоиши мавридњои норозигии мардум мењаросад, роњбарияти ањзоби мухолиф аз заъфи худ дар баробари омодагии њарчи бештари мардум барои таѓйироту дигаргунї ва рўзторўз болотар рафтани огоњии љомеа бим дорад. Аз як сў режими худкома, ки ба њељ ваљњ омодаи аз даст додани тахту курсї нест, аз сўи дигар, бељуръатї ва беѓайратии роњбарияти ањзоби мухолиф сабаб шудааст халќ ва ояндаи он ба муддати номуайян гаравгон боќї бимонад. То кунун аз ањзоби мухолиф њатто ишорае барои гирифтани ќудрат нашудааст. Мисли онки агар аз ин хусус њарф зад, љиноят карда бошад. Бубинед, нерўњои сиёсии кишвар, нерўњои ислоњотхоњ ва дигарандеш то кунун дар бораи нафари љойгузини раиси феълї ва ё њамон "номзади воњид"ба як ќарор наомадаанд. На ЊНИТ ва на ЊСДТ. Изњороти ахири Рањматулло Зоиров дар мавриди ширкати худаш ба њайси номзади интихоботї низ ќотеъона садо надодааст. ЊНИТ аз њамин њоло дучори навмедї будани худро пинњон надошта, худро бо он тасалло медињад, ки маъракаи интихоботи ќарибулвуќўъро танњо ба манзалаи як мактаб (тренинг) мебинад ва паёми интихоботиаш њам аз њамин њоло шикаст аст. Ин ду њизб њадди аќал бо як посух ва ё баёнияи расмї вокуниши худро ба Маљлиси намояндагон, ки лоињаи пешнињодкардаашонро рад кард, зоњир накарданд. Бењавсалагї нишон доданд. ...Њар њукумате, ки бо интихобот рўи кор омадааст, боз њам бо интихобот меравад. Аммо њукумате, ки бе интихобот омадааст, бо интихобот намеравад. Њукумате, ки курсиро аз дасти халќ нагирифтааст, ба дасти халќ намедињад....

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД


10

ИФТИХОРИ ЉАЊОН

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

Охири њафтаи гузашта ва аввали њафтаи љорї сарнавишти ифшогари фирории амрикої Эдвард Сноуден дар сархати хабаргузоорињои машњури љањон ќарор дошт. Вай аз Њонконг ба Маскав ома два мебоист ба Гавана парвоз мекард, вале дар ин миён гум шуд. На маълум шуд, ки вориди Гавана шудааст ва на мушаххас аст, ки дар Маскав боќї мондааст ва ё љои дигар рафтааст. То замоне, ки ин маќола омода чоп мешуд, гумону шубањоти зиёд љои хабарњои даќиќ ва расмиро пур карда буданд. Мушаххасан, хабарнигороне, ки вуруду хуруљи ўро дар Шереметово пайгирї мекарданд, ўро надиданд. Ва баъд эълон шуд: њайпаймо ба Гавана бидуни Сноуден парвоз кард. Рўзномаи "South China Morning Post"-чопи Њонгконг рўзи якшанбе иттилоъ дод, ки Маскав нуќтаи ахири сафари Сноуден нест. Пас яќинан ў бояд парвоз мекард, аммо ба куљо? Танњо Љулиан Ассанж, соњиби сомонаи мољаробарангези "Викиликс" иттилоъ дод, ки Сноуден дар љои амн аст. Мулоќот бо Эдвард Сноуден ба як детектив табдил ёфт. Тибќи гузориши Рейтер, ваќте журналистон ўро миёни мусофирони тайёраи Њонконг пайдо накарданд, мошини сафорати Эквадорро печониданд. Зеро яќин буд, ки Сноуден мањз аз Эквадор дархости паноњандагии сиёсї карда буд. Њарчанд њукумати ин кишвар дар ибтидо хабари мазкурро на тайид кард ва на тасдиќ. Вазири умури хориљии Эквадор Рикардо Патино гуфт, ки "Агар Сноуден аз кишвари мо таќозои паноњандагї кунад, пас мо онро љиддан ва бо таваљљўњи хос меомўзем, њамчуноне ин корро бо љаноби Ассанж кардем. Ман њоло гуфт наметавонам ќарор чї хоњад буд, вале мо онро бо камоли таваљљўњ баррасї хоњем кард". Вале баъдтар вазир дар Твиттер менависад: "Таќозои паноњандагї дарёфт шудааст ва он ба зудї баррасї хоњад шуд". Ба назар мерасад Кохи Сафед аз ин дар хашм аст. Аввалин эълоне, ки ба чашм расид дар мавриди лаѓви шиносномаи Сноуден буд. Ва баъд тањдидњо ба кишваре, ки ўро мепазирад. Яъне, њар мамлакате, ки барояш паноњандагї медињад, бидуни шак худро ба як тањдиди хатаролуд рў ба рў хоњад кард. Зеро Сноуден на як солу ду сол дар хадамоти амниятии ин кишвар кор кардааст ва яќинан асрори зиёдеро њам медонад. Дар оѓоз гуфта мешуд, ки Сноуден аз ин кишвар 51 асноди расмї ва махфиро бо худ бурдааст, ки ифшояшон ба амнияти миллии Амрико зарба хоњад зад. Аммо рўзи сешанбе ин иттилоъ пањн гардид, ки то њол Кохи Сафед бехабар аст, ки Сноуден то кадом њадд ба маводњои махфї дастрасї дошт ва мањз чиро метавонист бубарад.

Аммо чаро Эквадор? Эквадор як кишвари начандон бузург дар Амрикои Лотин аст. Тибќи иттилои Википедия дар ќаламрави он аз замонњои ќадим ќабилањои гуногуни њиндуњо ба сар мебурданд. Шуѓли асосии онњо шикор, моњидорї ва заминкоркунї буд. Охири асри якуми то солшумории мо њиндуњои ќабилаи кара, ки дар соњилњо зиндагонї мекарданд, ба ноњияњои кўњї њамла бурданд ва бар њиндуњои мањаллї пирўз омаданд. Ин заминкушої имкон дод, ки аввалин давлат дар ин минтаќа рўи кор ояд. Аммо дар тўли асрњои дигар ќабилањои гуногун бо њам даргир мешаванд ва замини имрўзаи Эквадор борњо аз даст ба даст мегузарад. Соли 1526 аврупоиён вориди хоки ин кишвар мешаванд ва аз љониби ќушунњои Испания он фатњ мегардад. Тадриљан испанињо ба љои дењаи маъруфи њиндуњо шањри Сан-Франсиско-де-Киторо месозанд. Аммо испанињо дар ин минтаќа ягони кони тиллову нуќра ва ё кандании фоиданоки дигар намеёбанд, вале аз тарки он низ худдорї мекунанд. Ѓуломони зангї ва њиндуи худро кор мефармоянд ва ба молдорї машѓул мешаванд. Эквадор аз аввалин кишварњои Амрикои Лотин аст, ки дар муборизаи истиќлолхоњї пирўз омадааст ва 10-уми августи соли 1809 истиќлолияти худро эълон кардааст. Аммо ин њам кишварро аз кашмакашњои дохиливу хориљї наљот надодааст ва чун ба таърихи он нек бингарем, мебинем, ки борњо хориљиён хостаанд дубора онро ба тасарруфи худ дароваранд. Соли 1845 бо фишори Британияи Кабир Эквадор ќонун дар бораи манъи ѓуломдориро ќабул намуд. Ва соли 1860 президенти он диктатор Моренго Эквадорро ба як протекторати Фаронса табдил дод. Дар охири ќарни XIX сармояњои хориљї ба Эквадор сорозер шуданд: бритониёињо нафту газ љустуљў намуданд, амрикоињо ба рушди майдонњои кишти какао ва ќањва ва бунёди роњњои оњан даст заданд. Дар асри гузашта њам кишвар мавриди кашмакашњои сотсиалистон, анархистон ва

Ифшогарињои Сноуден аз Њонконг то Эквадор Роњ њамаи ишвогарони асрори амрикоиро ба Эквадор мебарад. Ин кишвар ба Љулиан Ассанж, ки сирри дипломатияи амрикоиро фош кард ва онро муддате шармсору сарафканда дар олам намуд, паногоњи сиёсї дод. Њоло Эдвард Сноуден, ки боз њам аз ифшогарони сиёсатњои амниятии ин кишвар муаррифї шуд ва Амрико дар љустуљўяш афтод, низ ба Эквадор мурољиати паноњандагї кардааст. Чаро?

коммунистон ќарор гирифт. Солњои 1925-28 ин гурўњњо дар Экувадор шўришњои мусаллањона ташкил карданд ва ќасди ѓасби њокимият дотанд, вале аз љониби режими ваќт шадидан саркўб шуданд. Дар ин муддат бо Перу вориди љанг шудаву бахше аз заминњои худро аз даст додааст. Баъдан борњо дастони амрикої кўшишњо барои табаддулоти њарбї кардаву шикаст хўрдаанд. Президенти кунунии он Рафаэл Корреа аз љумлаи амрикоситезони машњури ќитъаи Амрикои Лотин аст, ки бо Венесуэла иртиботњои хуби дўстї дорад. Вале мухолифи ў, бузургтарин сармоядори ин кишвар Алваро Нобоа бошад мехоњад Эквадор бо Куба ва Венесуэла дўст набошад ва иртиботашро бо Амрико мустањкам созад. Аммо миёни ањолї ин миллиардер маъруфият надорад ва дар интихоботи соли 2009 њамагї 12 дар сади овозњоро дарёфт кард. Ва шояд як сабаби ба ин кишвра рў овардани њамаи касоне, ки аз Амрико озор дидаанд ва хавф аз ба љони худ мебаранд, дар њамин амрикочитезии сарвари ин кишвар бошад. Аз 16 августи соли 2012 Эквадор Жилиан Ассанж, яке аз пурмољаротарин шахсиятњои дањаи аввали садаи бисту якро дар ќаламрави сафорати худ дар Лондон маќоми паноњандагии сиёсї дод.

Кист Сноуден: љосус ё каси дигар? Эдвард Сноуден - мутахассиси варзидаи соњаи компутарї буда 29 сол дорад. Мегўянд дар актаб аз љумлаи шогирдони сустхон будааст ва ба ин иллат њатто аз мактаб ронда шуд. Вале доштани малакаву мањорати хуби кори компутерї ўро ба СРУ ва Ожонсии амнияти милии (NSA) ба кор овард, хабар медињад Forbes. Аммо зарфи чанд рўзи охир аз як танзимгари компутар ва ыамъкунандаи маълумоти сирии хадамоти амниятии ИМА ба виљдони љомеа табдил ёфт. Ба дигар маънї ў њам метавонист хотири осуда дошта бошад, бо дарёфти ваколатњои хидмативу моњонаи хуб зиндагонии худро намунавор ба роњ монад. Вале натавонист, шояд аз он ки хислати дурї аз дарди мардум барояш бегонаву ноошно буд.

Дар сўњбат бо журналистони "The Gardian" Глен Гринвалд ва "The Washington Post" Лора Пойтрас мегўяд: "Ман дигар намехоњам дар љомеае зиндагонї кунам, ки ин гуна корњо карда мешаванд. Ман намехоњам дар оламе њузур дошта бошам, ки њама коре мекунам, сабт карда мешавад. Њатто тасаввур намекунам маро чї интизор аст. Ман бар ин назар њам нестам, ки њатто хонаи худро дубора мебинам..." Баъди ифшои асрори сирри барномањои назоратии Амрико додгоњи шатати Вирљания, ки Сноуден дар хадамоти амниятии ин штат кор мекардааст, парвандаи љиноятї оѓоз кард, ки дар сурати боздошт шуданаш њаддиаќал ба мўњлати дањ сол аз озодї мањрум мегардад. Дар бораи шахсияти ў кам гуфта мешавад, зеро барои љомеа ў ошно набуд. Як амали ифшогаронааш то њадде шўњрат барояш овард. Вале аксари тањлилгароне, ки навиштањояшонро то ин замон мурур кардем, бар ин назаранд, ки наметавон ўро љосуси кадом кишваре донист. Њуљљатнигор ва коргардони машњури олмонї Йорг Алтекруз дар сўњбат бо публитсист Анна Ярошинская ўро на љосус, балки бо истилоњи "whistle blower" ёд кардаст, ки тарљумааш "огоњкунанда" мебошад. Яъне, шахсе ки оламиёнро аз хатари пешорўи онњо огоњ мекунад. Амрикое, ки дод аз демократия ва озодии баёну андеша мезанад, паси парда корњоеро анљом медињад, ки даъвоњои худашро зери аломати суол мебарад. Ин њуљљатнигор дар сўњбаташ аз Дэниэл Эллсберг, собиќ тањлилгари масоили њарбии Амрико ва корманди корпоратсияи RAND, ки соли 1971 њазорњо асноди сирии амрикоиро оид ба љанги Ветнам ба матбуот пешкаш карда буд, ёд мекунад. "Ман гумон мекунам 65 њазор шањрвандони кишвар, ки он замон ин њуљљатњоро омода мекарданд, ин гуна асноди сирриро медонистанд. Вале ў ягона инсоне аз миёни ин афрод буд, ки њаёти худ ва хонаводаашро зери хатар гузошт, озодињои худро зери тањдиди мањви љисмонї ќарор дод, вале ин аснодро чоп кард. Ва инро вай мањз аз назари бедории ахлоќї анљом дод". Ва ин тањлилгар гуфтааст, ки кори Сноуденро метавон дар як радиф бо амали Дэниэл Эллсберг дар соли 1991 гузошт. "Фикр мекунам ба Сноуден маълум буд, ки дар олам теъдоди одамоне, ки зидди ин гуна махфияти давлатианд, меафзояд. Ба андешаи ман вай дар

ин иртибот масъулияти бештар эњсос мекунад". Ин тањлилгар мегўяд Сноуден боз њам дар њамон љомеаи амрикої танњо нест. Вай њоло сарнавишти Томас Дрейк, собиќ корманди баландрутбаи АНБ-ро такрор мекунад. Ў њам соли 2008 як силсила маводи сиррии таъќиби информатсионии давраи Буши хурдиро расонаї карда буд. Кохи Сафед бархўрди шадид кард ва ќарор буд вай ба муддати 30 сол аз озодї мањрум гардад. Вале баъдан, дар замони Барак Обама њама айбномањои вай лаѓв шуданд ва ў бо мањрумияти шартї худро аз чанги додгоњ наљот бахшид. Ба ин на гуманизми Обама, балки афкори амрикої кўмак кард, ки аксаран ўро пуштибонї мекарданд. Ин њам боз дар њамон љомеаи демократии Амрико имконпазир аст, ки фикри мардум мавриди эътибор бошад. Масалан, дар Тољикистон њоло аксаран зидди боздошту тафтиши соњибкори муваффаќ Зайд Саидов њастанд, вале аз ин мижаи касе хам намехўрад. Аз Мордењам Вануни яњудї њам метавон ин љо ёд кард, ки замони кораш дар истењсолоти њастаии Исроил дар Димон, чанд сол пеш вай ба ВАО- Британияи Кабир аксњоеро пешнињод кард, ки аз бунёди силоњи атомї дар давлати яњудї њикоят мекарданд. Хадамоти љосусии Исроил ўро аз кадом як кишвари хориљї рабуданд ва додгоњ ўро ба мўњлати 18 сол аз озодї мањрум намуд ва бахши муњими ин солњоро вай дар камераи якка ба сар бурд. Ва њоло њам, ки вай аз њабс хориљ шудааст, барояш иљозати хуруљ аз кишвар дода намешавад. Ва созмонњои њифзи њуќуќ Мордењай Ванунро шахсияти истисноие медонанд, ки њаёти худро дар хатар гузошт, вале оламиёнро аз хатари атомии Исроил огоњ намуд. Ба њамин мазмун доктори илми таърих Дэвид Кригер низ андеша меронад: "Ман бовар дорам Сноуден љосус нест. Ин њамон "огоњкунанда аз хатар" аст, ки вайронкорињоро дар сатњи њукумат фош месозад. Ман ўро эњтиром мекунам, зеро вай мутобиќ ба виљдони худ кор кард ва ояндаи худро бо ин васила зери хатар гузошт", - мегўяд доктори илми таърих Дэвид Кригер.

Фирўзи МУЊАММАД


ЊИММАТИ МИЛЛЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

11

Д

аргирињои пасошуравї такони сахте дод ба њиљрати тољикон аз Ватан. Магар сабабњои беэњтиромиву тањќир нисбати миллати мо дар Русия оё њамин такону зулм буд ва ё беќадрии имрузаи тољикон аз решањои дигар сар мезанад? Оё мардуми бумии Русия бадбинии хосе ба тољикон доранд ва ё "аз бегонагон њаргиз нанолем, ки бо мо њарчї кард он ошно кард"? Саволи дигари матрањ он аст, аз оѓози имсол дар ќонунњои муњољират ва будубоши хориљиён дар Русия таѓиротњои љиддї ворид шудааст, ки фаъолияти муњољирони кориро хеле душвор кардааст. Аз ин љост, ки дар рўзномањои тољикистонї, баёнияњои тањлилгарону фаъолони љомеъаи шарвандї ва масъулони расмии Тољикистон хабарњои зиёде пайдо шудаанд, ки тасмимњои тарафи Русияро њамчун фишорї сиёсї ба Тољикистон муаррифї мекунанд. Чунин бањогузории яктарафа ва нодида гирифтани камбудињову ноуњдабароии худ метавонад вазъро печидатар гардонад. Агар раванди муњољират ду пой дошта бошад - якеаш дар Русияву дигараш дар Тољикистон, пас пойи русиягї хеле пешрафтаву тољикистонияш дар гил мондааст, ки паёмадаш хуб нест. Пас, "айб дар ош аст ё дар мош?" Банда, ки бо амри таќдир аз вазъ ва мушкилоти тољикони Русия пайгирї мекунам ва иттилоот дорам, њанўз аз миёнаи дањаи асри нав, на як бору ду бор тањлилу пешнињодњои худро ба таври расмї ба масъулони самти муњољирати Русия ва Тољикистон расонидаам. Агар тарафи Русия ба суханњои мо эътиборе медињанд, афсўс, ки масъулони Тољикистон њама пешнињодњои моро нодида гирифтаанд. Аз ин љост, ки охирин пешнињоди расмии худро, ки њануз соли 2011 ба рањбарияти Љумњурии Тољикистон равона шуда буд, расонаї мекунам. Бошад, ки касе эътибор дињад ва дар самти бењтар кардани вазъи ногувори муњољирон ва њамватанон дар Русия кушише анљом дињад. Омўзиш ва тањлилњо нишон медињанд, ки яке аз сабабњои хуруљи калони њамватанон дар солњои 90-ум пасомади сиёсати нодурусти даврони Шўравї аст, ки Тољикистонро љумњурии кишоварзї карда буд ва табиист, ки баъди пош хўрдани он абарќудрат ва канда шудани бандњои иќтисодии љумњурињои собиќ Шўравї, дар кишвари мо ќувваи изофаи корї боќї монд. Аз сўи дигар, дар даврони Шўравї аксарияти кулли тољиконро аз роњ мезаданд, ки "духтарро чиву хонданаш чї?!" Натиљаи чунин "тарбия" он шуд, ки баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї ва даргирињои бар сари Тољикистон тањмилшуда, аксари мардон ба муњољирати корї рафтанду тарбияи фарзандон дар ихтиёри њамон модарони бесавод монд. Чунин сиёсати аз роњи донишомўзї ба таври сунъї канора бурдани тољикон нисбати љавонписарон низ амалї мешуд. Кадоме аз мо чунин гуфтањои ањмаќонаро нашунида буд: "Њама, ки олиму доно шаванд, пахтаро кї мечинад?", "Урусо набошанд, самолёту поездора кї њай мекунад?" ва ѓайра. Болотар аз ин, агар нафаре аз ягон ноњия ба шањр ба кор мерафт, њамагї ба волидайни ў нањй мезаданд, ки писари фалонї падару модарашро партофтааст! Магар чунин гуфтору рафторњо иѓвои бар сари миллати мо тањмилшуда набуданд, ки мардумро ба гумроњї мекашониданд? Агар пурсед, ки чаро падарони мо ба он иѓвоњо дода мешуданд, ба ёд биёред, ки бобоњоямонро, агар саводнок буданд, бо теѓи болшевикиву пантуркистї ба ќатл мерасониданду пайванди наслњоро мебуриданд. Ин омилњо боиси он гаштаанд, ки имрўза њамватанони мо бо ишколњои зерин пойбанд шудаанд: 1. Надоштани таљрибаи зиндагї дар шањрњо; 2. Надоштани маданияти муоширати байни миллатњо; 3. Надонистан ва ё суст донистани забонњои хориљї. Болои ин њама, фалаљ шудани њама сохторњои давлатї дар солњои навадум, кадрњои корношоями системаи маъорифу фарњанг, фасодзадагиву набудани барномањои амалишавандаи тарбияи насли наврас ва раванди муњољирату таъмини љойњои корї, сабаб гаштаанд, ки аксари кулли муњољирони мењнатии имрўзаи мо дониши казої надоранд ва ба корњои камарзиш машѓуланд. Ин боис шудааст, ки вожаи "тољик" дар Русия синоними вожаи "муњољир" гардад! Умуман, ављи муњољирати кории тољиконро ба Русия, пас аз пош хўрдани Шўравї, метавон ба се марњила људо кард: 1. Мављи аввал бо худ нафаронеро бурд, ки аз минтаќањои даргириву љанги шањрвандї буданд ва аксарияти кулли онњо маданияти зиндагї дар шањрро надоштанд. Њамчунин таљрибаи муносибати байни миллатњо, далериву љасорат, касби тиљорат ва ѓайраро низ надоштанду забони мардуми бумиро намедонистанд. Аз ин рў, ба корњои аробакашї, фаррошї ва амсоли онњо машѓул шуданду тољиконро њамчун миллати гирифтори корњои ѓуломона муаррифї карданд. Ин раванд аз солњои 1992 оѓоз шуд ва то миёнаи солњои 90-уми асри гузашта ташаккул ёфт; 2. Мављи дуввуми муњољират асосан тољикони шимолиро бо худ бурд, ки таљрибаи тиљоратро доштанд, маданияти зиндагї дар шањрро

"Тољик" = "муњољир" Чаро тољикон дар Русия пароканда њастанд?

медонистанд ва аз забони русї огоњ буданд. Аз ин љост, ки асосан ба тиљорат машѓул шуданд ва њоло дар тамоми бозорњову марказњои савдои Русия тољикони минтаќањои шимоли Тољикистон ба соњибкорї машѓуланд. Албатта, шукри Худо, ки бархе аз тољикони дар марњилаи аввал рафта низ таљрибаи тиљоратро андўхтаанд ва муваффаќ низ гаштаанд. Агар дар марњилаи аввал, тољикон аз даргирињо гурехта бошанд, дар марњилаи дуввум бо бад шудани вазъи иќтисодї аз ноњияњои шимолї ба муњољирати мењнатї тасмим гирифтанд, ки асосан ќисмати дуввуми солњои навадро дар бар мегирад; 3. Баъди мустаќар шудани сулњ дар Тољикистон, аз аввали ќарни нав гурўњњое, ки дар давраи даргирињо даст ба љиноят зада буданд ва аз тарафи сохторњои њифзи њуќуќ таъќиб мешуданд ва ё бо сабабњои дигар ба Русия рафтанд, заминаи афзоиши љинояткорї дар байни тољикони Русияро фароњам карданд. Њамчунин, гурўњњои љиної пайдо шуданд. Силоњбадастони собиќ, ки аз корњои аробакашї, фаррошї ва амсоли инњо, яъне корњои камарзиш нанг мекарданду дар баробари ин аз ўњдаи тиљорат намебаромаданд, ба ташкили гурўњњои

љиної даст заданд. Афсўс, ки љиноятпешањои тољик, бештар нисбати њамватанони худ зулм мекунанд. Гурўњњои муташаккили љиноии тољикї ба минтаќањо мерафтанду мехостанд, ки љамъиятњои тољикиро тобеъи худ кунанд. Албатта, дар њама марњилањо, аз минтаќањои гуногун равшанфикрон ва тољирони ўњдабарои зиёде низ њиљрат карда буданд, ки дар муассисањои гуногуни давлативу хусусї фаъолият доранд ва муваффаќ њам њастанд. Дар баробари ин, бо зиёд шудани шумораи тољикони Русия (њоло аз рўи омори расмии баќайдгирии соли 2010 дар Русия ќариб 203 њазор тољик шањрвандии ин кишварро пайдо намудаанд. Аз руи њисоботи нодаќиќ, илова бар ин 203 њазор, боз зиёда аз 300 њазор тољик њуќуќи зиндагии муваќќатї ("разрешение на временное проживание" ва "вид на жительство" дарёфт намудаанд) ва ташкилотњои љамъиятии тољиктабор пайдо шуданд. Сабабњои пайдоиши худи љамъиятњои тољикон дар Русия низ диќќатљалбкунанда аст. Баъди љанги Русия дар Чеченистон вазъи муносибати байни миллатњо тезу тунд мешуд ва њатто вазорати муносибати байни миллатњо (Министерство по делам национальностей) ташкил шуда буд, ки вазираш Рамазон Абдулатипови доѓистонї буд. Њамин вазорат яке аз асосгузорони пайдоиши ќонуни федеролии Русия "Оиди автономияхои фарњангии миллї" (Закон "О национально-культурных автономиях") буд. Хулоса, дар соли 1995 ќонунњо "Оиди созмонњои љамъиятї", "Оиди автономияхои фарњангии миллї" ќабул шуданд ва рањбарияти минтаќањои Русия муваззаф шуданд, ки идорањо оид бо кор бо аќаллиятњои миллї ташкил дињанд. Бархе аз минтаќањо таъљилї ва бархе бо таъхир сохторњои гуногун эљод карданд. Масъулони ин сохторњо муваззаф буданд, ки бо ташкилотњои миллї њамкорї намоянд. Аз сабаби он, ки шумораи тољикон меафзуд, вале созмонњои љамъиятии тољикї ангуштшумор буданд, масъулини давлатии тањљої дар бозорњо ва љойњои кории тољикон нафарони маълумро љустуљў ва кўмак мекарданд, ки ташкилотњои љамъиятии расмї созанд. Ва ё гурўњњои љиноятпешаи тољикї, ки аз њисоби зулм бар сари муњољирони мењнатї сарват љамъ мекарданд, барои пуштибонии сиёсї ва иљтимої пайдо кардан, љамъиятњои расмї ташкил доданд. Сохторњои давлатї, ба монанди шўъбањои Хадамоти муњољирати Русия, ГУВДњо ва ѓайра, ки Шўроњои машваратї ташкил дода буданд, раисони навпайдои тољикро ба шўроњои назди сохторњояшон шомил мекарданд. Раисони љамъиятњои тољикї, ки ба идорањои давлатї роњ ёфта буданд, дар чашми њамватанон чун нафарони шоиставу боэътибору кордон вонамуд мешуданд. То имрўз чунин раисони љамъиятњо, ки баъдтар аз тарафи намояндагињои Тољикистон низ бологузар шуданд, љойњои худро ба нафарони фаъолтар намесупоранд, агарчї вазъ нисбати охири солњои навадум ва аввали солњои дуњазорум куллан фарќ мекунад ва тозагињову фаъолияти бештареро таќозо дорад. Бадбахтии дигар он аст, ки намояндагони мухталифи расмии Тољикистон дар Русия, њар

яке аз минтаќањои гуногун як нафариро ба худ наздик мекунанд ва онњоро њамчун раиси љамъият муаррифї менамоянд, ки боиси пайдо шудани гурўњњои нав мешавад. Дар натиља, ин нафарони наздик ба намояндагињои расмї, ба кори ташкилотњои тољиктабор халал мерасонанд ва боиси гурўњбозиву љангу хархаша мегарданду дар роњи муттањидшавии њамватанон монеъа мегузоранд. Дар натиљаи чунин људоиандозињо, дар шањрњои Краснодар, Екатеринбург, Новосибирск, Уфа, Иркутск муштзанињову тирпаронињо рўй дода буданд. Дар Екатеринбург, њатто як нафар ба њалокат расид. Дар Уфа бошад, соли 2011 одами наздик ба Сафири Тољикистон - "Рањмони Уфа" бо истифода аз нерўи гурўњњои љиноии миллатњои бегона чанд њамватани моро бо яроќи оташфишон маљруњ кард. Чунин бадкирдориву љинояткорињо боиси норозигии мардум аз њукумати феълии Тољикистон мегардад ва гумон мекунанд, ки бо ин васила сиёсати рањбарияти Тољикистон бо њадафи пешгирии мутањидшавии тољикони Русия роњандозї мешавад. Бо назардошти гуфтањои боло, барои дуруст истифода бурдани нерўи њамватанони бурунмарзї, яъне ба низом даровардани раванди муњољират, осон кардани вазъи муњољирони корї, дуруст истифода бурдани нерўи онњо, љалби сармояи соњибкорони ватанї, бояд сабабњои ављ гирифтани ин раванд омўхта ва дуруст тањлил карда шаванд, то аз рўи ин ташхис ретсептњои фоиданок пешнињод шаванд. Њукумати Тољикистонро зарур аст, ки корњои зеринро роњандозї кунад: 1. Як сохтори муайяни давлатї барои њамкори бо тољикони Русия муайян шавад, ки гурўњсозињо ва кашмакашњо хотима ёбанд; 2. Як хазинаи махсуси муњољират таъсис дода шавад, ки дар раёсати он намояндагони њукумати Тољикистон, ташкилотњои ѓайридавлатии Тољикистону Русия шомил бошанд; 3. Яке аз ташкилотњои ягонаи умумирусиягии тољиктабор интихоб шавад ва њукумати Тољикистон ба намояндагонаш супориши мушаххас дињад, ки бо њамин ташкилот робитаи хуби корї дошта бошанд, то тавонанд њама љамъиятњои минтаќавиро ба њам биёранд; 4. Аз имконоти мављудаи љамъиятњои тољикї (рўзномањо, сомонањои интернетї ва ѓайра) дуруст истифода шавад. Њоло бошад, њар як сохтор пули зиёдеро аз буљаи давлат барои чопи рўзномањову сомонањои интернетии идоравї харљ мекунанд, ки њељ фоидае ба давлат ва њељ кумаке ба муњољирону њамватанон надоранд. Дар марњилаи имрўза, ягон имконоти љамъиятњои тољикї ба нафъи Тољикистон истифода намешавад ва аз ин љост, ки ќуввањои ифротиву њангомаљў рўз то рўз зиёд шуда, кўшиши ба худ љалб кардани ќуввањои солимро низ пеш гирифтаанд. Гумон меравад, ки агар тарафи Тољикистон чорањои фаврї набинад, дар ин кор муваффаќ њам мешаванд.

Абдулло ДАВЛАТОВ, Раиси Иттињодияи тољикони Русия, раиси Анљумани љамъиятњои тољикї "Самандар"


12

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

БО ШОИР

ФАРЗОНА ФАСЛИ САБЗИ ИФТИТОЊ Ман нотаи офтобро медонам, Савти танавори обро медонам. Дар фасли бањорхезии љўшишњо Пар-пар задани њубобро медонам. Он ќосиди шодиовари хусрави субњХуршеди тилорикобро медонам. Њарчанд, ки шўра зад дили фартутам, Ширин тапиши шубобро медонам. Одреси дили туро намедонам ман, Кай он роњи касмаёбро медонам. Бар дўш гирифтаам гуноњи њама халќ, Шодам, ки њамин савобро медонам, Аз гум шудани дури дарун бехабаранд, Ин мардуми гармхобро медонам. Сад барги дили ту хондаам, дигар њељ, Мазмуни њамин китобро медонам. Медонами ман ба љуз намедонам нест, Ту асливу ман њиљобро медонам.

ФУРСАТИ ТАВБА Марњамат кун, дубора дењ иршод Ба мани сактафикри бастасавод. Додиям фурсати гунањ кардан, Фурсати тавба низ хоњї дод?! ***** Турна-турна бигзашта солу моњи парвозї, Пушти Ќоф анќо шуд фасли тифлию бозї. То кай, эй дили бодї, бе иљозати таќвим Лола-лола механдї, ѓунча-ѓунча менозї. Чун дар интињои рањ рўи аспи чўбинї, Тундтар чї мепўї, пештар чї метозї. Лат махўр зи дилкўбон, эй дили њалолатвор, Сурхрў шаву бардор рояти сарфарозї! Чун њумои ёдашро аз дилам гузар додам, Нав ба нав таваллуд шуд он саодати мозї. Чун дили нафиси ман коѓази самарќандист, Хоља, лутф кун, бигзор соядасти шерозї. Эй бањори бигзашта,ќонеам зи ту, ќонеъ, Эй љавонии рафта, розиї зи ман, розї?!

КЎДАКЇ Ду нафар мерафтанд бо ќадамњои шитобон Дар кафи нозукашон чанд дирам тобон буд, Дар њамон фасл, ки эњсоси саодат чї ќадар осон буд. Чашмашон чун чароѓони шаби ид муфаррењ, Дилашон-зодгањи шодии сода, Рўњашон-рўњи аз фариштаи ѓофил зи асли инсон буд.

Пайи як кори азим Ду нафар мерафтанд Дўш бар дўшу ќадам бар ќадаму даст ба даст Ба харидории як баста офтобпараст... ***** Ѓуруб омаду хуршед сактаи дил шуд, Зи њамнишинии Исо варо чї њосил шуд. На офтоб бувад, он чї шаш љињат афрўхт, Диле чу себ зи боѓи бињишт нозил шуд. Ба хостан натавонист зулматоине Ба фитна дар рањи маљрои субњ њоил шуд. Дило, дай омаду чун нахл мехкўбат кард, Ќадам гузоштанат то бањор мушкил шуд. Гање, ки ишќ ба дастони шоирон афтод, Асири панљараи фоилу мафоил шуд Ба пеши чашми њаќиќатнамоят,эй ѓоиб, Дилам ба кулли гуноње, ки дошт, ќоил шуд. Дилам аз он дами рўшан, ки тарки ѓайбат кард, Ба иттињодияи офтоб шомил шуд. ***** Кай шавад барге ба боѓе хаста аз алњамдхонї, Баргу шукри бенињоят, боѓу зикри љовидонї. Барг-барги њар сулулам мекунад њар дам тиловат Ояњои бўстонї, сурањои бостонї. Бар кї бикшої даратро, эй нигористони баста, Эй ба зебої гузашта аз њазор Арљанги Монї. Аз чї, эй мардум, тааљљуб мекунед аз њар хатоям, Пас чї мехоњед аз ман, аз мани ноосмонї. Аз паси ташвиши олам, чун давидам, умр тай шуд, Монда пушти орзуям он фариди ормонї. Моњ муљустем ваќте, баъд аз он моњона љустем, Љадвалї гаштем мо њам бо убури зиндагонї. Он мани аввал чї ошиќ, он мани сонї чї беишќ, Њарфи аввал њарфи дил буд, њарфи баъдиям забонї. Дил бад-ин бардорузанњо гарчи хеле хастаам кард, Зиндагонї, бо ту дорам боз њам ишќи нињонї Эй дил, ин дам бастанатро ёри лоњутї набахшад, Месазад, то боз бошї, месазад, то боз хонї.

ТАЪЗИР Рўзгоре гуфтам, эй дўст, дар гиребони фалон гул љои шабнам пардаи ѓафси ѓубор аст. Дар фалон оина љавњар нест, зангор аст. Дўст гуфт: Афсўс, афсўс, Фикр мекардам, ки ѓайбат Нест дар барномаи атвори ту.

Фикр мекардам, ки љуз нашри сабоњат нест дигар кори ту. Фол медидам,ки бо ту мешавад пиндорњои одии ман мўњташам, Эй дар анбўњи дайи берўњу ялдои хаёлам ёди худро боз карда нарм чун боли кабўтар, пок чун чашмони нилуфар, чун њарири субњњои исавидам, чун гули Марям. Фикр мекардам, ки инсони азизи ормониям туї, Ќосиди вањйи муњаббат, хаткашони осмониям туї. Фикр мекардам, ки ту оинаи бетарљумонї, Фикр мекардам, ки.., Пас ту њам... чун дигаронї... -Ман... Ман чї гўям. Пеши чашми њаќнамоят бањри рўшан кардани худ њељ бурњоне надорам. Эй ки аз сад парда он сўро мушаххас мекунї, рў ба рўи инчунин оинаи ботиннамо ѓайри сад љурми намоёне надорам. Дўст, таъзирам бикун. Эй пуропур аз фурўѓи эзидї, як бор таъсирам бикун. Дўст, бо анвори полояндаат тирагињои маро ислоњ кун. Дар њамин садсолагї њам Рўњи ман аз рўњи ту тањрирхоњ аст. Дер шуд, шояд дар ин бефасливу бемавсимї тавба кардан њам гуноњ аст. Дер шуд? На, на, на, њаргиз! Њолиё њам фасли сабзи ифтитоњ аст.


ДАР ТАХТАИ СИЁЊ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

13

Мурољиатномаи як ќатор сокинони Исфара ба Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон Мўњтарам Љаноби Олї! Аксарияти мардуми Исфара алалхусус хешу табор ва ањлу аёли гуруњи 33- нафара "Парвандаи Исфаргињо" аз ба њабс гирифтани сардори гуруњи тафтишотии парвандаи 1752 генерал Ѓоибов Эмом ва љонишини ў полковник Очилов О. ќаноатманд гашта, бори дигар ба Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бар зидди коррупсия бо роњбарии Фаттоњ Саидов изњори сипос менамоем, ки ин нињод ба ќазияи мо бепарво набуда, адолатро барпо карда истодааст. Вакте ки судяи ин ќазия судяи Суди Олии Тољикистон Нуров И. ба љавобгарии љиноятї кашида шуда, нисбаташ њукми суд баромада аст, магар шубња пайдо намешавад, ки њукми ин парвандаро бекор карда, аз сари нав тафти-

Љўраев Н. муносибати сард дошт. Пештар бо љабрдидаи гуё њамин парванда собиќ љонишини прокурори генералї, ки марњум Бобоев Толибљон дўсти дошт ва шахси манфиатдор њисоб меёфт. Баъди созмони ин гуруњи калон Ѓоибов Э. корхонаи спиртбарории шањри Исфараро ба худ ва гуруњаш идора "штаб" карда, мањз дар он љо ба сохтакорињо ва ќонунвайронкунињо даст зад. Аз рўзи аввали созмони ин гуруњи тафтишотї мо айбдоршавандањо ва хешовандон борњо бо аризањои дастљамона оиди нобоварї ба сардорони гуруњ ба маќомоти агентї ва прократура мурољиат карда будем. Агар Ѓоибов Э. дар њаќиќат, чї хеле, ки худашро муаррифї мекунад, шахси тоза ва њуќуќшиноси варзида аст, њељ гоњ розї намешуд, ки сардори гуруњи тафтишотиро ба ўњда

Генерал Ѓоибов! Инро ба касе гуед, ки шуморо нашиносад шоти одилона бурда шавад? Маќомоти назоратї чаро хомўшанд? Охир ташкилотњои њуќуќии умумибашар ќазияи ин парвандаро зери назорат доранд ва оќибаташро интизоранд. Магар њукм гирифтани судяи ин парванда ва ба њабс кашидани сардор ва љонишини гуруњи тафтишотии ин парванда ба прокурори генералї ва Раиси Суди Олї асос намешавад, ки вокуниш кунанд? Чаро онњо мўњри хомўшї ба лаб задаанд? Муњтарам Прокурори Генералї ва Раиси Суди Олї, одил бошед, ба хотири мансаб ва вазифа њаёти мардумро зери хатар нагузоред. Пас куљост демократия ва њаќиќат? Биёед, назар кунем ба рафтори роњбарони нињодњои ќудратии Аврупо. Њангоми пайдо шудани кўчактарин шубња дар корашон ба истеъфо мераванд. Муњтарам Президент, Эмомалї Рањмони азиз! Тамоми мардуми Тољикистон сиёсати пешгирифтаи Шуморо куллан дастгирї менамояд. Дар њаќиќат аз хиради волои Шумо давлате сохтем, ки Тољикистони азиз ба љањониён муаррифї гашт. Шукронаи замон, ки АДОЛАТ, ЊАЌИЌАТ, РАФОЌАТ якљоя ќадам мезананд. Ќонунњое ќабул карда шудаанд, ки мувофиќи талаби давру замон ва боиси дастгириву дар итоаташ будан аст. Њайратовараш он аст, ки баъзе шахсони мансабдори соњаи маќомоти кишвар дар ваќти хизмат ба ѓалаткорињо роњ дода, он ќонунњои ќабулшударо на фаќат иљро намекунанд, балки онњоро худашон хеле даѓалона ва бошуурона вайрон мекунанд. Мо мурољиати генерали боздошташуда Ѓоибовро дар газетаи "Фараж" (аз 12. 06. 2013, № 24) мутолиа карда, аламамон дучанд гашт, захми диламон тоза шуд. Маљбур шудем ба Шумо мурољиат намоем ва мехоњем њаќиќат доимо ѓолиб бошад! Чї хеле маълум аст, соли 2007 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза алайњи коррупсияи Тољикистон гуруњи калони тафтишотї бо айбдории директори генералии ЉСШК "Химзавод" Љўраев Н. ва дигарон созмон дода, ба шањри Исфара равона карда шуд. Тааљубовараш он буд, ки сардори гуруњ собиќ прокурори шањри Исфара Ѓоибов Эмом таъин шуда буд. Зеро ин шахс дар давоми вазифаи прокурорї дар Исфара солњои 2000-2004 буданаш дўсти наздики собиќ директори генералии ЉСШК "Химзавод" Љўраев Низомхон буд. Ў дар њама маъракањои Љўраев Н. иштирок мекард, садри маъракањои ў буд. Тўли чор сол худро дўсти ќарини Љўраев Н. нишон дода, њамеша њамроњаш мегашт. Љонишини ин гуруњ Очилов Одил, собиќ корманди маќомоти прократура, сардори раёсати тафтишоти Агентї дар вилояти Суѓд бо

гирад. Зеро дар Исфара хуб медонанд, ў бо воситаи шогирди вафодораш Бобоев Аъзам чандин корхонањоро ѓайриќонунї хариду фурўш карда, соњиби даромадњои муфт гаштааст. Мо ва хешовандонамон муддати се сол дар боздоштгоњњои мувваќатї умр ба сар бурдем ва як вараќаи хурдеро аз мањбас ба берун равон карда наметавонистем. Зеро зери назорати пурзури агентї ва Ѓоибов будем. Муњтарам генерал Ѓоибов аз мањкамаи нигањдории тафтишотии КДАМ-и Љумњурии Тољикистон ба газетаи "Фараж" озодона мурољиатнома чоп мекунад. Куљо назорати прокурорї, ки ба генерал Ѓоибов ин имтиёзњоро фароњам овардааст?! Чаро кормандони мањкамаи нигањдории тафтишотии КДАМ яке аз пурзуртарин маќомоти ќудратии Тољикистон бо њамкорї бо генерали гумонбаршуда обрўи ин маќомотро коста мегардонанд. Магар дар назди ќонун њама баробар нестанд? Ростї, баъди мутолиаи мурољиатномаи Ѓоибов Э. кас ба њайрат меояд. Гўё генерал шахси бегуноњу покиза бошад. Мухтарам Ѓоибов, агар шумо воќеан шахси росткору парњезгор бошед, он молу мулки зиёд, хонањои ќасрмонанд аз куљо сарчашма гирифтааст? Ё ин ки мошинњои ќимматбањоро ягон "таѓоятон" аз хориља ба шумо чун мерос равон карданд? Шарм кунед! Бегуноњ Аллоњ аст. Ба љои шумо дигар кас мебуд бо аризаи худ аз унвони генералї даст мекашид. Зеро ин унвон барои аз будаш зиёд нишон додани парвандаи 1752 бо пешнињод ва дастгирии дўстатон ва њамкурси азизатон муфт ба даст овардаед. Бо дастгирии дўстатон шумо тез-тез соњиби вазифањои баланд њам дар прократура њам дар АНММК мегаштед. Магар намедонед, ки кормандони прократура шуморо пинњонь "сардори шўъбаи кадрњои прократура"-и љумњурї мегуфтанд? Муњтарам Ѓоибов, шумо њарчанд худро мусичаи бегуноњ метарошед, ин тавр нест. Шумо чунон ѓарќи гуноњед, ки барои шустанаш оби бањр камї мекунад… Мисоли оддї, автобазаи ноњияи Нов њозира ноњияи Спитамен бо миќдори зиёди наќлиётњояш дар љумњурї ќариб дар љои аввал меистод. Бо дастгирии шумо ронандаатон Бобоев А. онро харида, якљоя бо ў њамаро талаву торољ кардед. Шумо ёд доред, 9-уми июни соли 2003-юм Љаноби Олї дар љаласаи фаъолон дар шањри Исфара ба шумо эрод гирифтанд, ки бисёр фарбењ шудаї. Дар њаќиќат шумо аз фориѓболї фарбењ шуда будед. Фаромўш кардед, ки фарбењиро танњо гўсфанд мебардорад… Мањз Љўраев Низомхон дар солњои прокрории Шумо ба баъзе љиноятњои иќтисодї даст

зад зеро шумо пуштибони ў будед. Магар шумо ва тарафдоронатон ба ЉСШК "Химзавод" апаратњои говљўширо бо арзиши аз будааш дањњо маротиба зиёд ворид накарда будед њоло он ки ба ин апаратњои говљўши завод ниёз ва алоќамандї надошт. Ва то имрўз дар анборхонаи ЉСШК "Химзавод" хобидаанд. Магар шумо набудед, ки хонаи чорњуљрадорро дар кўчаи Навобод шањри Исфара аз њисоби заводи ЉСШК "Химзавод" аз худ карда, баъди аз вазифа рафтанатон бо нархи гарон фурўхта, фоидаи калон ба даст овардед. Муњтарам Ѓоибов, судяи Суди Олї Нуров И. дар рафти љаласањои судї борњо такрор ба такрор мегуфт, ки нисбати Ѓоибов ва Очилов парвандаи љиної оѓоз мекунад. Шумо ва љонишинатон Очилов О. аз рўи шунидаамон бо фишору тањдидњо Нуровро водор кардед, ки ба сохтакорињо роњ дињад. Инро айбдоркунандаи давлатї, њоло мањбус - Олимов Рустам тасдиќ мекунад. "Ободии шањр дар дасти меъмори шањр" гуфтаанд, Ѓоибов Эмом бошад меъмори парвандаи 1752 буда, сафедро сиёњу сиёњро сафед гуфта, парвандаро оро додаст. Муњтарам Ѓоибов, чархи гардунро бубинед, ки њангоми рафти тафтишоти пешакї њамчун роњбар шумо шоњ будед. Мардумро бо ќањру ѓазаб ва муомилаи дурушт ќабул мекардед. Имрўз шумо мисли фарзандони мо ба маќомоти болої аз ноадолатињо мурољиат мекунед. Нисбати шахсони баруманди љумњурї мисли Бобохонову сардори агентї Саидов тўњмату иѓво мекунед, боз Љўраев Низомхонро тўњматгар мењисобед. Агар Љўраев туњматгар бошад, шумо аз ў фарќе надоред. Шумо гўри рањматии прокурор Абдусаломовро боз мекунед, медонед, ки ў мурдааст. Фаќат бо мурдањо сару кор доред. Сардори ШКД- и шањри Исфара Содиќовро низ мисол меоред, ки вафот кардааст. Мурдањо љавоб намегўянд! Муњтарам Ѓоибов Эмом, медонед, ки дар давоми тафтишоти пешакї чандин модару падари айбдоршавандањо ин дунёро бо аламу доѓи фарзандонашон падруд гуфтанд. 8 модар дар фироќи љигарбандонашон вафот карданд. Зеро шумо ва ёронатон бо умеди генералшавї чандин моддањои Кодекси љиноиро сохтакорона ба њар як нафар банду баст кардед. Нафарони зиёде бо як ду имзо аз љиноятњои иќтисодї бо ёрдами мањз шумо аъзои итињоди љиної гашта, то ба имрўз муддати шаш сол аст, ки дар мањкамањои ислоњї азоб кашида, адои љазо менамоянд. Шумо наѓз медонед, ки коргари гумруки шањри Исфара Бобохонов Вањњоб гирифтори касалии сил буд. Бо дастони Шумо ва ёронатон ў ба мўњлати 12 сол равонаи зиндон гашта, дар зиндон вафот кард. Азобу дуои зан ва фарзандони марњум шояд дар назди Аллоњ

иљобат ёфта бошад, ки шумо имрўз дар ин њол њастед. Шумо аз зумраи шахсоне њастед, ки ба хотири аз даст надодани мансабу молу мулку мавод на фаќат ору номус, шарму њаё, балки њама муќадасотро дареѓ надошта, мефурўхтед. Як гурўњи кўчаки тарафдоронатон, онњое, ки ба Шумо ва ронандаатон Бобоев Аъзам хизмат мекарданд, ба газетаи "Фараж" бо унвони Президенти љумњурї мурољиатнома ирсол намуданд. Биёед, бубинем, яке аз онњо дар ваќти прокрории Шумо аз рўи шунидамон бо 4 кг маводи мухаддир гумонбар дониста шуда, бо ёрдами шумо озод гаштааст. Аксарияти онњо шахсони шубњаноканд. Чаро шуморо мањз чунин шахсони шубњанок дастгирї менамоянд? Муњтарам Ѓоибов Эмом, шумо он гапњоро ба касе гўед, ки шуморо нашиносад. Шумо дар даст теша њамеша ба решаи њаќиќат заданї мешавед. Шумо фаромўш накунед, ки њаќиќат њамеша ѓалаба хоњад кард. Њаќиќат муъљизаест, ки ќат намешавад, мувваќатан зери пои номардону нокасон ва фиребгарон мемонад, бо чангу хоку хун оѓушта мешавад, аммо њатман росту тоза шуда, ѓалаба мекунад. Барои он ки инро таърихи башарият на як бору ду бор, балки доимо паси њам мушоњида кардааст. Муњтарам Президент! Мо гуруњи зиёди мардуми Исфара боварии комил дорем, ки генерал Ѓоибов Эмом асоснок аз тарафи маќомоти Агентии мубориза бо корупсия боздошт шудааст. Саидов Фаттоњ ва маќомоти ба ў боваркардаи Шумо адолати њуќуќиро барпо карда истодааст. Дар масъалаи бардоштаи мо хавфноктарин амали генерал Ѓоибов он аст, ки ў бо рафтори ѓайриќонунии худ яъне дар мансабњои баланди давлати истода худ њамчун њуќуќшинос ба хатогињое роњ дод, ки боварию эътиќоди халќро нисбати сиёсату ќонунњои давлатї паст карда, билохира, пояњои давлатиро суст карданаш аз эњтимол дур набуд. Шукрона њаќ ба њаќдор мерасаду пеши роњњои генералњои ќонунвайронкун гирифта мешавад. Муњтарам Љаноби Олї! Мо боварї дорем, ки волоияти ќонун ба таври пурра ва бо дахолати Шумо амалї мегардад ва адолат ѓалаба мекунад. Бо эњтироми зиёд сокинони Исфара: 1. Саидмамадов Р. 2. Рањмонов Ф. 3. Вањобов У. 4. Љамолов Љ. 5. Муќимова Ш. 6. Љўраева М. Љамъ 31 имзо


14

МУЊОЉИРАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

Нома аз Сурхондарё Муаллиф менависад, ки даъвоњои Ўзбакистон алайњи "Талко" ва нерўгоњи Роѓун дурўѓ аст Бо арзи салом ва эњтироми бепоён ба бародарони тољик! Чанд рўз пеш ман аз расонањо бањси навбатии экологии минтаќаи марзиро мутолиа намудам. Ман дар овони кудакї борњо ба ноњияи собиќ Регар сафар карда будам. Дар замони љавонии ман мо маводи хўрока аз љумла шир, панир, њасиб, ширинињоро аз Регар меовардем. Мо ва падарони мо баъзан њатто њис намекарданд, ки мо дар ду давлати алоњида зиндагї мекунем. Истиќлолияти ду кишвар марзњоро симхор баст. Њар ду тараф њам нияти дустї ва њамкорї доранд. Вале даргирињои дохилии Тољикистон роњбарияти кишвари моро ба воњима андохт. Онњо халќи оддиро аз рафту омад, доду гирифт, тиљорат ва дидорбинї мањрум намуданд. Ман ва њазорњо нафар сокини вилояти Сурхондарё шабу рўз дар интизори гармии муносибати байни ду давлат њастем. Аммо аз арзу шикоят ва талабњои навбатии роњбарияти Љумњурии Узбекистон аён аст, ки ба њамзистии бародарона умед бастан хатост. Барои ман бародарї, пайванди хунї болотар аз миллату марз аст, зеро падарам тољику модарам узбек аст. Аммо њаќиќат болотар аз њама гуна эњсосот ва сиёсат аст. 5 сол боз дар вилояти Сурхондарё дар мањалњои марзї роњбарони њокимият ва кормандони давлатї ба муќобили заводи Алюминий Турсунзода ташвиќот мебаранд. Онњо бо далелњои беасос хатари заводро фалокатовар шарњ медињанд. Лекин ин маърака як бор то оѓози сохтмони неругоњи Роѓун ќатъ гардид. Ман дар мавриди зарари обанборњои Тољикистон ва камобшавии оби минтаќањои поёноб соли 2008 маќолае навишта, ба Душанбе равон кардам. Аммо ин маќола чоп нашуд. Дар ин љо фаќат њаминашро ёдрас мекунам, ки дар њуди Љумњурии Узбекистон зиёда аз 70 обанбори калон сохта шудааст. Аммо минтаќањои поёнї ягон бор барои камобї ва зарари ин иншоотњо эрод нагирифтаанд. Мољарои Роѓун ин раќобати бозори захираи энергетикї аст. Далелњои олими тољик Собит Неъматуллоев дар бораи бехатарии дарѓоти Роѓун дар ваќти рух додани зилзилла ба љањониён муаррифї гардид.

Намоишњои сохта Соли 2010 дар шањри Тирмиз фаъолони ташкилотњои љамъиятии экологиро њукумат љамъ намуда, супориш дод, ки дар бораи хавф ва зарари экологї аз муассисањои саноатї гузориш тайёр кунанд. Њадафи ин супориш "кофтани" зарари заводи алюминии Турсунзода буд. Вале одамони поквиљдону беѓараз маълумот пешнињод карданд, ки заводи Алюминийи Тољикистон ба ањолии вилоят хавф надорад. Њамон ваќт чанд одами бегуноњро љазо доданд. Сипас супориш доданд,ки дар ноњияњои марзї дар бораи хатари заводи Алюминий Тољикистон сўњбату мулоќотњо доир кунанд. Тасодуф дар яке аз чунин сўњбатњо иштирок доштам. Баромадкунадагон заводи Алюминийи Тољикистонро ба бомбаи атомї ва минтаќаи вилояти Сурхондарёро ба шањрњои Хиросима ва Нагасаки монанд карданд. Баромадкунандањо гоње аз хатари завод ва баъзан аз фалокати кули Сарез сухан мекарданд. Касе, ки камтар огоњ аст, хуб мефањмад, ки кўли Сарез ба обанбори Роѓун вобаста нест. Аммо баромадкунанда гуфт, ки агар обанбори Роѓун сохта шавад, кўли Сарез аз баландии 5 њазор метр аз сатњи бањр ба водї рахна шуда,

«

5 сол боз дар вилояти Сурхондарё дар мањалњои марзї роњбарони њокимият ва кормандони давлатї ба муќобили заводи Алюминий Турсунзода ташвиќот мебаранд. Онњо бо далелњои беасос хатари заводро фалокатовар шарњ медињанд. Лекин ин маърака як бор то оѓози сохтмони неругоњи Роѓун ќатъ гардид.

«

тамоми њудуди вилояти Сурхондарёро шуста мебарад. Муйсафеди хирадманде дар ин љамъомад баромад карда гуфт, ки "чаро аз соли 1975 то соли 1999 завод безарар буду яку якбора имрўз завод хатарнок шуд? Дар 10 соли охир мо њатто аз дур дуди заводро намебинем". Роњбарони љамъомад бечора муйсафедро хоини миллат эълон карда, баъдан чанд маротиба ўро ба идорањои дахлдори ќудратї кашола карданд. Тирамоњи соли 2013 донишљуён ва љавонони шањракњои Сариосиё, Дењнав ва Бойсунро маљбур карданд, ки ба намоиш бароянд.

Ќаймоќи болаззати шањри "зањролуд" Сиёсатмадори маъруфи љањон Уинстон Черчил гуфта буд: "Ман душмани поквиљдонро хеле эњтиром мекунам, зеро дар чил сол бештар аз дўстони нодон зарба гирифтам". Шояд ин суханони Черчил аз маќоли тољикии "Душмани доно бењ аз дўсти нодон" иќтибос шудаанд. Дар душмании иѓвогарони экологї нољавонмардии зиёд мушоњида мешавад. Ањолии думиллионнафараи вилояти Сурхандарё имрўз аз зарари экологии заводи Алюминий Тољикистон не, аз шиканљаи камбизоатї, фишор ва сатњи пасти хизмати тиббї, иљтимої ва нарасидани ѓизо азоб мекашанд. Роњбарияти вилоят тамоми мушкилоти иљтимоии вилоятро сунъї ба хатари экологї мечаспонад. Соли 2008 дар натиљаи зањролудшавии ѓизої овоза пањн карданд, ки вирусњои хатарнок аз партовњои заводи Алюминий Тољикистон пайдо шудаанд. Пўшида нест, ки басташавии роњњо, симхорњо мардуми оддиро баста наметавонад. Бо роњи ѓайрирасмї ва ќољоќ тиљорати сарњадї вуљуд дорад. Аз самти ноњияи Турсунзода ба вилоят гўшти мурѓ, мањсулоти ширї, обњои шарбатдор ворид мешаванд. Аз вилояти Сурхандарё равѓан, мева, сабзавот ба водии Њисор, аз љумла шањри Турсунзода ворид мешавад. Мањсулоти кашоварзии ду самт аз нигоњи экологї тоза ба шумор меравад. Вазъи умумии саломатии мардуми вилоят муътадил аст. Агар за-

«

Ањолии думиллионнафараи вилояти Сурхандарё имрўз аз зарари экологии заводи Алюминий Тољикистон не, аз шиканљаи камбизоатї, фишор ва сатњи пасти хизмати тиббї, иљтимої ва нарасидани ѓизо азоб мекашанд. Роњбарияти вилоят тамоми мушкилоти иљтимоии вилоятро сунъї ба хатари экологї мечаспонад.

«

рари заводи Алюминий аз худ дарак медод, пас дар мадди аввал ањолии шањри Регар зарар медид. Аммо ман шахсан хуб медонам, ки њатто дар таги манорањои дудбарои завод одамони солиму бардам зиндагї мекунанд. Ангур ва гелоси овозадори Регар њоло њам дар тамоми водї шўњрат дорад. Агар мавзуи ифлосшавии муњити зист аз муассисањои саноатї бошад, пас чаро 36 корхонаи азими саноатии вилоят ягон бор зикр намешаванд? Дур нарафта, ба маълумотномаи Викепедияи интернет таваљљўњ кунед. Дар он љо зикр шудааст, ки дар вилояти Сурхандарё 26 корхонаи маъдани куњї, нефту газ кор мекунанд. Воњима ва тўњмати беасос фаќат ба хотири даст кашидани Тољикистон аз бунёди неругоњи Роѓун мебошад. Дањњо шинос ва хешу табори ман дар солњои њафтодум дар сохтмони ин корхона кор карданд. Баъдан пас аз ба истифода додани завод онњо дар он љо чун металлург кор карданд. Дар завод кор кардан барои одамон ифтихори бузург буд. Њоло њам собиќадорони ин завод бо самимият рўзњои хушу сурурбахши худро ёдоварї мекунанд. Ман ин номаро танњо ба хотири ифшои њаќиќат ва њалли мусолињатомези бањсњо рўи коѓаз овардам. Бо эњтиром, Назир ШОИМЌУЛОВ, сокини вилояти Сурхандарёи Љумњурии Ўзбакистон


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА ТАБИБ ВА БЕМОР Табиб аз њамшира мепурсад: - Ин бемор чї кора? - Дар бозори "Корвон" савдо мекунад. - Ин хел бошад, ба љарроњї шурўъ мекунем. ИМТИЊОН Донишљў ба кабинети муаллими имтињонгиранда даромада, аз сумкааш се шишаи араќро мебарорад ва рўи миз гузошта, мегўяд: - Ин се шишаро гиреду ба ман бањои се гузоред. Пpофессоp ба донишљў нигариста: - Ман дутоашро мегирам. *** Эълон аз рўзнома: Љавонони танњоро мељўем. Сину сол аз 18 то 27. Оиладор бошад њам мешавад, аммо аз як фарзанд зиёд надошта бошад. Ќад, вазн, ранги мўйу чашм, мазњаб ва бурљи толеънома муњим нест. Бо эњтиром Комисариати њарбї

?-И НОБОБ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

ОЁ БА МУЊОЉИРИ МЕЊНАТЇ ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ РУСЇ ШАРТ АСТ? - Дар шабакањои телевизионии Русия пайваста дар бораи муќаррароти нави ќонуни федералии Русия дар бораи муњољирати мењнатї намоиш пахш мекунанд. Дар намоишњои тањия кардаи шабакањо ишорањо дар хусуси надонистани забони русї аз тарафи муњољирони мењнатї зиёд дида мешавад. Магар њангоми сафар ба Русия ба маќсади кор донистани забони русї шарт ва њатмї аст? Агар ња, муњољири мењнатї забони русиро бояд чанд дарсад донад? Саид РАЊМАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Дар охири соли 2012 аз љониби президенти Федератсияи Русия як ќатор ќонунњои федералї оиди муњољирати мењнатї ба имзо расидаанд ва онњо аз аввали соли 2013 мавриди амал ќарор дода шуданд. Аз назари маќомоти ин давлат маќсади ќабули ќонунњои мазкур ин такмил додани сиёсати муњољирати Русия ва пурзўр намудани масъулият барои риоя накардани ќонунгузории амалкунандаи муњољиратии Федератсияи Русия мебошад. Мувофиќи ќонуни федералї тањти №185-ФЗ аз 12-уми ноябри соли 2012 "Дар бораи вазъи њуќуќии шањрвандони хориљї дар Федератсияи Русия" муайян карда шудааст, ки шањрванди хориљии ба Федератсияи Русия воридгардида, барои анљом додани фаъолияти мењнатї дар соњаи хољагии коммуналию манзилї, савдои чакана ва хизматрасонии маишї бояд њуљљат оид ба донистани забони русиро пешнињод намояд. Њангоми мурољиат барои гирифтани иљозат барои кор дар самтњои зикршуда шањрванди хориљї бояд оид ба донистани забони русї яке аз њуљљатњои зеринро пешнињод намояд: а) Шањодатнома (сертификат) оид ба гузаштани тести давлатї доир ба донистани забони русї, њамчун забони хориљї; б) Њуљљат дар бораи маълумот (њамчун, маълумоти асосии умумї) дар њудуди давлати хориљї дода шуда, ки соњиби ин њуљљат дар баробари дигар фанњо забони русиро низ омўхтааст ва дар њудуди ин давлат мутобиќи ќонуни Федератсияи Русия "Дар бораи маълумот" пазируфта шудааст; в) Њуљљати давлатие, ки намунаи он дар муассисањои таълимии даврони ИЉШС то 1-уми сентябри соли 1991 дода шудааст; г) Њуљљати давлатие, ки намунаи он дар муассисањои таълимї дар ќаламрави Федератсияи Русия то 1-уми сентябри соли 1991 ба шањрвандони хориљї дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки маълумоти мухтасарро дар бораи марказњои омўзиши забони русї ва гузаронидани тест аз маќомоти њудудии Хадамоти федералии муњољирати Русия дастрас намудан мумкин аст. Арзиши тест оид ба донистани забони русї 3000 рубли русиро ташкил медињад. Ба саволи Шумо аз Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

НАХОД?

БУМЕРАНГИ ХУДО - Наќле аз бону Файзинисо Воњидова, њуќуќшиноси варзида, ки чанд моњ ќабл шунида будам, аммо њанўз мутаассирам: Ба коре назди додгустар даромада будаму машѓули омўхтани ќоѓазњо будем. Ин ваќт муйсафеде асобадаст вориди кабинет шуд ва бе он ки њарфе занад, омаду нишаст. Додгустар њам як нимнигоње сўяш андохту чизе нагуфт. Ман њам њайратзада шудам аз ин, ки ў чи касест, ки бе иљозат ворид мешаваду додгустар њам чизе намегўяд. Муйсафед сокит худуди ним соат нишаст, сипас оњи чуќуре кашиду гуфт: - Зављаам чанд сол пеш фавтида буд. Њамин ду писар доштам, ки инак, ба њардуяш њукми ќатл додед. Дигар ман касе надорам. Аз оњанги гуфтораш маълум буд, ки муйсафед аслан аз њукми гирифтаи фарзандонаш норозї нест. Додгустар танњо бо сарљунбонї изњори таассуф кард. - Аслан ба њамааш худам гунањгор, - даќиќае пас давом дод муйсафед. - Замоне ман корманди шуъбаи љустуљўи љиної дар милиса будам. Давлат бароямон наќша мегузошт, ки чанд фоизи љиноят бояд њатман ошкор шавад. Барои ман иљрои наќша муњимтар аз њар чиз буд ва дар сурати пайдо накардани гунањкор, мискинеро пайдо кардаву айбро бо њар роњ ба дўшаш мегузоштам. Аниќ медонам, ки дањњо нафар бегуноњро паси панљара равон кардаам. Овози муйсафед ларзид ва чанд даќиќаи дигар сокит монд. - Њамин фарзандонамро њам бо пули њароми пораву ѓорат калон кардам. Аз пулњои њаромї ба зављаам хўрондаам ў ба касалии саратон гирифтор шуду мурд. Инак, фарзандонам њам бо айби мани њаромхўр љинояткор шуданду њукми ќатл гирифтанд. Худам њатто ќудрати бардоштани дарзаи њезуме надорам. Њунари пухтани як тухмро њам… Ў чи хеле, ки орому сокит омаду буд, њамон тавр рафт. Аз наќли кардааш хеле мутаассир шуда будам. Бароям дигар донистани љинояти фарзандони муйсафед њам муњим набуд. Додгустар њам даќоиќе чанд хомўш нишаст, сипас аз љояш баланд шуд, чанд бор ин тарафу он тараф ќадам зад ва гуфт: - Ду писари муйсафед ба хонае барои дуздї ворид мешаванд, ки сохибхона бедор мешавад. Ўро бо зану ду кўдакаш мекушанд… Фотима БОБОЕВА, сокини шањри Хуљанд

ШЕЪР ЊИКМАТИ ТАЪРИХ Беадлињои золимон, беањдии шоњон гузашт, Кибру ѓуруру савлати Темуру Чингизхон гузашт. Он ќасрњои пуршукўњ, он тахтњои пурљило, Зеру забар гардидаву бо хоки рањ яксон гузашт. Сад нозанин андар њарам аз бањри як "мири ѓазаб", Бингар, ки он айшу тараб чун умри бепаймон гузашт. Аз аљнабї торољ дид ин кишвари зебои мо, Лафзи дарї барљой монд, душман вале нолон гузашт. Бо Коваи оњангараш тољик дорад ифтихор, Нафрини мардум мондаву Зањњок бо морон гузашт. Турку муѓул бар ин замин гаштанд њоким, оќибат Гардид чира ростї, он ањди бесомон гузашт. Таърих бањри тољикон љабру ситам бисёр кард, Кирдорњои нокасон чун ќиссаву достон гузашт. Миллатпарастони асил парчам баланд афрохтанд, Њар кинаљўе оќибат бо дарди бедармон гузашт. Акнун Ватан озод шуд, ќалби Самимї шод шуд, Марњилаи бевањдатї, сад шукр бар Яздон, гузашт. Ўроќов Дўстмурод

?-И НОБОБ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЃАЙРИСОЊИБКОРЇ ЊАМ АНДОЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Солњои охир дар зењни мардуми Тољикистон чунин тасаввур њосил шудааст, ки маќомоти андоз аз тамоми фаъолияти чї соњибкорию чї ѓайрисоњибкорї андоз ситонида, навъњои нав ба нави андозро кашф карда, ѓиреви мардумро мебарорад. Ин то кадом андоза њаќиќат дорад? Оё аз фаъолияти ѓайрисоњибкорї њам андоз ситонида мешавад? Сунатулло ШАРИФОВ, сокини ноњияи Вањдат Мувофиќи моддаи 8-уми Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, барои маќсадњои андозбандї њамчун фаъолияти соњибкорї фаъолияти мустаќиле дониста мешавад, ки тањти таваккали худи шахсоне, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї бояд ба њамин сифат ба ќайди давлатї гирифта шаванд, амалї карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, љуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурўши молњо, иљрои корњо ё хизматрасонї равона гардидааст. Мувофиќи банди 2-юми њамин моддаи кодекс намудњои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соњибкорї эътироф карда намешаванд: - фаъолияти тамоми зинањои маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ки мустаќиман бо амалї намудани ваколатњои ба онњо вогузоркардашудаи давлатї алоќаманд мебошанд; - фаъолияти эњсонкорї; - фаъолияти динї; - фаъолияти ташкилотњои љамъиятї; - фаъолияти муассисањое, ки аз њисоби муассис маблаѓгузорї карда мешаванд; - аз љониби шахсони воќеї иљро гардидани кори кироя. Њамчунин барои маќсадњои андозбандї амалї намудани намудњои зерини фаъолият аз љониби шахси воќеї, муассисаи аз њисоби муассис маблаѓгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ѓайритиљоратї фаъолияти соњибкорї эътироф намешавад, ба шарте ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосї набошад: - љойгир намудани маблаѓњои пулї дар ташкилотњои ќарзї; - ба иљора додани молу мулки манќул ва (ё) ѓайриманќул; - додани молу мулк ба идоракунии боэътимод; - харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани њисса дар сармояи оинномавии шахси њуќуќї ё коѓазњои ќиматноки он; - харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани вомбаргњо ё њама гуна векселњои дигар; - харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани сањм дар фонди њиссавии сармоягузорї ва (ё) њуќуќи муаллифї ва њама гуна њуќуќњои шабењи ба фурўшанда тааллуќдошта; - кори кирояи дар асоси шартномањои (ќарордодњои) хусусияти граждании њуќуќидошта ё ин ки бе шартномањо (ќарордодњо) амалишаванда. Дар он ќисме, ки шахсони анљомдињандаи фаъолияти дар ќисми 2юми њамин модда пешбинишуда фаъолияти соњибкориро амалї менамоянд, фаъолияти соњибкории чунин шахсон бояд андозбандї гардад, дороињо ва фаъолияти онњо, ки бевосита ба амалї намудани фаъолияти соњибкорї алоќаманданд, бояд дар алоњидагї (људо аз фаъолияти асосї) ба њисоб гирифта шаванд. Фаъолияти муассисањои давлатї, ки ќисми маблаѓњои махсусашон дар њаљм ва бо тартиби муайяннамудаи ќонунгузорї ба буљет ситонида мешавад, фаъолияти соњибкорї эътироф намешавад, агар ќонунгузорї тартиби дигареро муќаррар накарда бошад. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб доданд.


ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЃАЛТАК ВА ПОЙДОРИИ ВАЊДАТ

Ч

ашми рўз кафида буд. Шарфаи ќадамњои Мирзодиккак ва садои љорубзании рўбандањои кўчаи протоколии шањри Душанбе ба гўш мерасид. Аз яку якбора садо баровардани фавворањои хомўши назди кохи "Вањдат" Мирзодиккак як ќад парид. Ѓалтак, ки каме дуртар болои хараки такядор менишасту ќадампартоињои дўсташро наззора мекард, шоњиди тарсидани генерали тарѓиботи њукуматї шуд. Љўрањо дар ин субњи босафо, ки бештари ањолии пойтахти беазони тољикњо хоб буданд, њамдигарро ба оѓўш кашида, ба Рўзи Вањдати миллї табрику тањният гуфтанду суњбат ранг гирифт.

Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, худтаърифкунї њам шавад, бояд гўям, ки мо њукуматињо одамони ќиматем. Мо будем, ки оташи љанги шањрвандиро хомўш кардем, ба мардум сулњ овардем, вагарна дар ин рўз ман аз садои фавора нею аз садои "Калашников" аз тарс як ќад нею ду ќад мепаридам. Ѓалтак: - Бале, сањми шумо беназир аст. Дар ваќташ бо зораю нолаи шумо ќисме Кремлу Тошканд аз дуру наздик тариќи тайорањо ба мардуми гурусна орду равѓан гуфта, яроќу аслиња ва муњимоти љангї оварданд. Баъд аз љониби шумо љанг карда, тољиккушї карданд. Саркардањои мухолифини хасакї гурехтанду мардуми оддї монд дар азоб. Шукри Худо, ки сулњро ваќт оварду иродаи мардум, вагарна шумоён бо супориши "отамизу елсенимиз" байраќи "СССР"- ро дар Помир мезанем, гуфта, ба рехтани хуни њазорон тољики кўњистонї зомин мешудед... Мирзодиккак: - Дар њамин субњи вањдат коњи кўњнаро бод накун!!! Протоколи № 6-и Созишномаи истиќрори сулњро нодида нагир! Ѓалтак: - Шумо њам, љаноб, аз худатону њукумататон олињаи сулњ насозед-да, бародар. Мо наѓз медонем, ки чї будеду кї шудед. Мирзодиккак: - Мо нишон додем, ки њукумат ќудрат асту мардумашро хоњ дар дохили кишвару хоњ дар хориљ дифоъ мекунад. Ѓалтак: - Дафъ мекунад, мегуфтї, дурусттар мебуд. Ња, мардумони зиёде дарёи Панљро диданду Афѓонистони љангзадаро. Ленинпарастии шуморо њам аз ёд набаровардааст. Иќтисодсозиатонро њам дар шањру дењоти бебарќу бегармї дид. Сарватљамъкунии шуморо низ. Акнун аксарият суруди "Муњољирдухтари бечораи тољик"- ро замзама карда, ба муњољирати мењнатї ба давлати Русия мераванд. Мирзодиккак: - Сулњу субот бошад, њамааш мешавад. Иќтисод њам ме... Ѓалтак: - Албатта, аммо сари кафидаро зери тоќии вањдат пўшонидан њам салоњ нест. Онро муолиља бояд, вагарна дар ин гармињои сиёсї кирм мезанад. Ба хаёлам, агар маблаѓњои њамон муњољирписарону муњољирдухтарони бечораи тољик набошад, маълумотњои бардурўѓи истењсоли пилла, содироти меваю сабзавот, молњои саноатиатон зуд ошкор мешаванду буљаи давлат мисли "ќанори холї" дигар рост намеистад. Мирзодиккак: - Ба маълумотњои оморї чаќќа нашав, коѓази сафед дуруѓи сиёњро намебардорад. Ѓалтак: - Мебардоштааст, домулло. Њамон тавре, ки танњои зебои тољикї куртањои рангаи хитоиро мебардоранд... Мирзодиккак: - Хайр -чї, мо ќувваем! Даркор шавед дар як шаб мухолиф - пухолифата ба замин яксон мекунем... Ѓалтак: - Хестї, ки каллата ќап... Астаѓфируллоњ. Аммо аз ин гузарему бигў, ки шумо њукуматињо то кай ќудратро нишон медињед ?!! Шояд як бор аз адлу авлавияти ќонун, ки пояи давлату давлатдоранд, кор гиред бењтар будагист?. Мирзодиккак: - Адл адлу ин ќадар хешу табори њукуматдорњоро куљо барем?! Осон аст магар онњоро идора кардан? Њар ботлоќ Шреки худашро дорад, бародар! Ѓалтак: - Хайр аќќалан дурўѓгўиро бас кунед. Заминро ба дењќонњо дињеду андозашро кам кунед. Ба

мардум љойи хона дињед.О, аз заминфурўшии раисону шањру навоњї ба шумо чї фоида?! Замин дињед мардум манзил созанд, истењсоли масолењи сохтмониро ба роњ монед. Љойи корї офаред, ки љавонон кор кунанд, ба дину мазњаби мардум кордор нашавед, ба љавонони лаёќатманд такя кунед, вазифафурўширо бас кунед, роњи пулакиро барњам занед, аз гардани ќоќи зиёињо фароед, маддоњию шаттоњиро сиёсати давлатї накунед. Маорифу тандурустиро равнаќ дињед. О, шумо њам аз њамин хоку бумед. Мурдаву зиндаатонро њам њамин мардум гўр мекунад. Бас будагист аз худ доњиву валиву пайѓамбар тарошидан?! Аќли мардумро тањќир кардан чї лозим?! Як бор одам шавед. Ана мешавад, сулњу субот! Ана мешавад, Вањдати миллї!!! Мирзодиккак: - Лекин таги диламро гуфтї, Ѓалтакбой... Ѓалтак: - Ин танњо хости дили ту не, хости дили тамоми мардум аст. О, як бор ба мардум гўш дињед. Аќќалан, дар њамин Рўзи Вањдати миллї. Мирзодиккак: (ба ду тараф эњтиёткорона нигоњ карда) - Ѓалтакљон, баъди К+ ба гапи мардум гўш надода намешавад. Медонї, ки туйи дуюми Калон бо тамоми талаботи ќонуни танзим гузашт, толори Кохи "Сомон" ба иљора гирифта шуду ба сарояндањо ќарордод бастанд... Ѓалтак: - Бале, медонам. Телефонњои мобилиро њам пешакї љамъ карда гирифтанд, ки мабодо чењрањои мењмонони туй ба барномаи "Чењра"-и Додољони Атовулло накўчанд-ња?... Мирзодиккак: - Ин муњим нест. Муњим он аст, ки садои мардумро шуниданд. Ѓалтак: - Ин табиист, бародар. Ё садои мардумро мешунавї ё ба ѓазабаш гирифтор шуда, Њуснї Муборак мешавї. Њоло њам, ки дер нашудааст, ба мардум бояд такя кард. Мирзодиккак: - Мекунем чўраљоне, мекунем! Ѓалтак: - Ана ин гапи дигар. Вањдат муборак бошад! Мирзодиккак:-Ба шумо њам, дўстам. Љўрањо њамдигарро бори дигар ба оѓўш кашида, хушњолї карданду канори фонтани Комил-Господин торгпред , аз њавои форами шањри Душанбе нафас кашида, њаловат мебурданд. Гулњои Алимардонов дар сањни Бонки миллї бо њусну тароваташон дилфиребтар ба назар мерасиданд. Ин ду зиёии азияткашида мефањмиданд, ки аз Ватан дида, љойи бењтару дилработаре нест ва буда њам наметавонад. Њарду њам мутмаин буданд, ки новобаста аз афкори сиёсї, ба ќавле "бо нохуну дандон" оромї, сулњу субот ва вањдати тољиконро бояд њифз кард. Бањри ободии Ватан роњро барои бењтарини мардумон фаррох нигоњ бояд дошт, ки бо дасту дили пок бањри ободии мулк зањмат кашанд. Офтоб болои Душанбе медурахшид. Накњати Вањдат кўчањои пойтахти фарњангиву сиёсии Тољикистонро фаро мегирифт. Мардум дуо мекарданд, ки Худованд њукуматдорони ин сарзаминро тавфиќ дињаду аз ин ба баъд онњо на ба нерўву зўргўї, балки ба мардуму мардумсолорї такя кунанд. Ин буд ќиссаи навбатии суњбатњои накмакини ду дўсти ќарин: Ѓалтаку Мирзодиккак-ду намояндаи як миллат. Шумо, ки ин њикояро хондед, метавонед худи њозир омин гўед, то дуои мардум мустаљоб гардад. О-о-о-омин!

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (342) 26. 06. 2013

16

Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ: - Агар худи оќои Эмомалї Рањмон, ки чанд бор шуд раиси љумњур интихоб мешавад ва эњтимоли зиёд аст, ки боз њам номзад шавад, агар њанўз њам пойбанд ба он паймонњои соли 1997, ки байни тарафњои тољик баста шуд, ба он арзишњо пойбанд бошад, шояд, Њизби нањзати исломии Тољикистон боз њам аз оќои Рањмон пуштибонї кунад. - Даст пеши бар, ки гирифтед, оќо нею "Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон" гуфтанатон бењтар аст ва њам дониста бошед, ки яќин пойбанди њамон арзишњоянд, фаќат мондааст, ки шумо њам побанди ягон "Детский мир" шаведу тамом. Ё бењтараш, дањонкалонї карда, "Душанбе Плаза"-ро талаб кунед, њич набошад, ягон тарабхона медињанд. Баъди 15 соли дигар мебинед, ки шумо њам одамшинос шуда мебуравед. Саймон ЛИМАС, муовини ёвари котиби давлатии Амрико: - Агар Тољикистон ба ќароре биояд, ки аз нерўи њастаї ба хотири тавлиди энержї истифода кунад, ИМА метавонад дар ин замина дастгирї кунад. - Эњ, Саймон-Саймон! Њукумати ин мардум пойтахташонро бо барќ таъмин карда натавониста, заминашро барои 49 сол зери пойи аскарони аљнабї доду неругоњи њастаї месохтааст-мї?!! Бо њамин хел ному фамилия њам одам сода мешудаааст-де. Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Ман ќаблан дар як нишаст дар Душанбе гуфтам, ки бо такя ба неруњои демократї умед баста метавонам номзадии худро пешнињод кунам ва мубориза барам ва ин роњи дуруст аст, ки интихоб кардам ва албатта ин тасмими ман љиддї аст. - Љиддї намебуд, хубтар будї, чун дар Тољикистон 20 сол одамону неруњои љиддиро ба интихобот роњ намедињанд. Акнун беташвиш ба Ўзбакистон рафта, омадан гиред, шуморо њатто сабти ном њам намекунанд. Шайх Мансур, руњонї: - Ваќте бармегаштам аз сафар, як сари роњ ба шўъбаи милиса даромада, хоњиш кардем, ки онњоро (шогирдонаш дар назар аст) озод кунанд. Худо хайрашонро дињад, озод карданд. Лекин њамаи љаримањоеро, ки ќонун гуфтааст, супоридем. - Боз мегўянд, ки "мулло мардум гирифта метавонаду дода не". Пул,эъ, мебахшед, љаримаро, ки дода бошед, иншоаллоњ, онњо њам дуои хайри шуморо мекунанд, хоса агар наќд бошад. Чак ШУМЕР, узви Сенати ИМА: - Дар масъалаи Сурия ва Эрон ва инак дар ќазияи Сноуден ба назар мерасад, ки њамеша Путин мехоњад ангушт ба чашми Амрико бихалад ва ин шеваи бархурди њампаймонњо нест. - Њай воњима кардед шумо-да! О, чашм будааст. Ана дар муносибот ба Тољикистон ба чунон љойњое ангушт мехалад, ки нороњатию буйяш чанд ваќт мемонад. Ислом КАРИМОВ, президенти Ўзбакистон: - Нисбат ба ин ќабил ашхос, ки дар шањру навоњии Русия фаррошї мекунанд, дар дили инсон як танаффуре пайдо мешавад. Зеро онњо бо ин амалашон њамаи моро шарманда мекунанд. Дар Ўзбакистон то њол касе аз гуруснагї љон надодааст.

- Ислом Абдуѓаниевич, э, шумо бало - де. Њамин хел гапњоро гуфта мехоњед, ки як тољики воломаќом неву садњо њазор тољики муњољир њам шуморо "отамиз" гўянд-ња?!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09

Нигох №14 (342) Чоршанбе, 26-уми июни соли 2013  

НОМЗАДИ № 1 - РАЊМАТУЛЛО ЗОЙИРОВ Оё бо изњороти раиси Њизби сотсиал - демократ маъракаи интихоботи президентї шурўъ мешавад?