Page 1

1

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

- Оё даъвати исломї дар кўчањои Душанбе имкон дорад?

Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол | №45 (321). Чоршанбе, 29-уми январи соли 2013 | Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru

Ќосими БЕКМУЊАММАД:

Афзал БОСОЛИЕВ:

Фирор аз китоб ё нигоње ба иллатњои ин падида

Мактаб хонем ё нахонем? Нигоње ба музофот

Шарњи сиёсї

3

Фаридун РАЊНАВАРД:

6

"Гуруњи 910": Инќилоб намешавад! Бидуни формат

4

Бањси Ќаюмзод "Озодї" хабарнигорашро њифз накард, ё нахост?

Аксизи Наљмиддинов Нуралиев ё чаро бензин арзон намешавад?

7

Дар ин шумора: њушдор Нигаронии президент аз фасод дар нињодњои давлатї

2 њамрайъї

Умаралї ЌУВВАТОВ:

"Метарсам, ки агар сабтњо ифшо шаванд, аз њамин љо зинда намебароям"

Холиќов, бо камфањмию каљфањмии худ мардумро гумроњ накунед

13 пурбин

Дар љустуљўи тољик

16


2

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Шахсияти 3 тан аз 9 нафар ќурбонии сўхтори тањхонаи маљмааи истиќоматии "Газойл Сити", воќеъ дар кўчаи Херсони Њавзаи маъмурии Љанубу Ѓарбии Маскав маълум гардид.

ЊУШДОР НИГАРОНЇ

МУРОФИАИ СУДЇ НИГАРОНЇ

Нигаронии президент аз фасод дар нињодњои давлатї

Ѓалабаи шањрдории Душанбе бар Муњиддин Кабирї

Эмомалї Рањмон аз даст доштани кормандони маќомоти ќудратї ва њифзи њуќуќ дар љиноятњои коррупсионї ва мубодилаи маводи мухаддир дар љаласаи Шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон изњори нигаронї кард.

Суди ноњияи Исмоили Сомонї даъвои шањрдорї ва Раёсати њифзи муњити зистро нисбати Муњиддин Кабирї, вакили Њизби нањзати исломии Тољикистон дар парлумон ќонеъ кард.

Дар ин бора дар сомонааш Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон иттилоъ дод. Бинобар иттилои манбаъ, дар љаласаи Шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон оид ба натиљањои фаъолият дар соли 2012 ва вазифањо барои соли 2013 Президент Эмомалї

Рањмон аз он, ки то имрўз яроќу аслињаи ѓайриќонунї дар дасти ањолї вуљуд дорад, изњори нигаронї кардааст. - Танњо соли 2012 аз гурўњњои љинояткор дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон 442 мил силоњи оташфишони гуногунтамѓа ва миќдори зиёди муњимоти љангї мусодира карда шудааст, - менависад манбаъ. Дар ин љаласа зикр шуд, ки маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистон дар зарфи 5 соли охир 128 парвандаи љиноятиро нисбат ба 626 нафар фаъолон ва љонибдорони созмону њаракатњои террористї ва экстремистї мавриди тафтиш ќарор додаанд. То имрўз нисбат ба 600 нафар аъзои созмонњои диниву экстремистии "Њизб-ут-Тањрир", "Њаракати исломии Ўзбекистон" ва "Љамъияти Таблиѓ" беш аз 120 парвандаи љиноятї баррасї гардидааст. Дар љараёни љаласа роњбарони сохторњои мазкур доир ба натиљањои фаъолият дар самти мубориза бо љинояту љинояткорї, хусусан, љиноя-

тњои муташаккили трансмиллї, дастгир намудани гурўњњои хавфноки љиноятпеша, љамъоварии яроќу аслињаи ѓайриќонунї аз ањолї, аз байн бурдани шароити ба љинояткорї мусоидаткунанда ва дар маљмуъ, таъмини амнияту субот дар кишвар гузориш доданд. Њамзамон, гузориш дода шудааст, ки соли 2012 љинояткорї коњиш ёфта, дар маљмуъ, 16 њазору 600 љиноят ба ќайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011 270 адад кам мебошад. Дар ин сол љиноятњои вазнин 23 фоиз ва бо истифодаи аслињаи оташфишон 37 фоиз кам шудааст ва ин бо назардошти он ки њолатњои пинњондории љиноятњо ва ё ба ќайд нагирифтани онњо низ коњиш ёфтааст. - Дар натиљаи санљишњои молиявї ва тафтиши љиноятњои коррупсионї соли 2012 дар њаљми 166 миллион сомонї маблаѓњои буљетї зарари молиявї ошкор гардидааст, ки ќисмате аз онњо ба сохторњои ќудратї ва њифзи њуќуќ рост меояд, - хабар медињад сомонаи Дастгоњи Президент.

ИРОДА НИГАРОНЇ

Таърихи ба таври асроромез тарки њизб кардани ду нањзатї Аъзои Њизби нањзати исломии Тољикистон дар ноњияи Мастчоњ, ки аз манзили истиќоматии онњо маќомоти корњои дохилї дар натиљаи як амалиёти махсус ду нафари мусаллањро бо гумони даст доштан дар амалњои террористї боздошт карда буданд, аз узвияти ЊНИТ даст кашидаанд. Дар ин бора Илњом Беков, раиси бахши ЊНИТ дар ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд, иттилоъ дод. Бинобар иттилои манбаъ, Юнус Ѓиёев ва писари ў - Бурсуддин Ѓиёев, баъди боздошти гуруњи мусаллањ дар ноњияи Мастчоњ, бо ариза аз узвияти Њизби нањзати исломии Тољикистон даст кашидаанд. - Ин нафарон сабаби тарки њизб карданашонро шарњ надоданд, аммо гуфтанд, ба ин тасмим онњоро касе маљбур њам накардааст, - мегўяд раиси нањзатињои Мастчоњ. Ёдрас мешавем, ки маќомоти корњои дохилї дар бораи боздошти гуруњи мусаллањ дар Шимоли љумњурї бо гумони узвият дар гуруњи террористии "Њаракати исломии Ўзбекистон"ро, ахиран, шаби 9-ум бар 10-уми январи соли љорї иттилоъ дода буд.

Бино ба гуфтаи маќомот, дар љараёни муќовимати мусаллањонаи ин афрод, як тан аз кормандони маќомоти интизомї љароњат бардошта, аз онњо силоњи оташфишон мусодира гардидааст. Илњом Беков, раиси бахши минтаќавии ЊНИТ дар Мастчоњ, ба TojNews гуфта буд: "Ба Юнус Ѓиёев, мўйсафеди мастчоњї, ки чанд сол инљониб узвияти ЊНИТ-ро дорад, љиянаш бо номи Лутфулло бегоњи 9уми январ ду нафарро њамчун мењмон аз Самарќанд муаррифї карда, ба хона медарорад. Лутфулло, њамчунин, ба таѓояш Ѓиёс Юнусов гуфтааст, ки ин афроди самарќандї барои ситонидани ќарзи худ аз нафаре ба ин љо омадаанд. Њамон шаб кормандони маќомот аз манзили зисти ин узви ЊНИТ ин ду

нафарро боздошт кардаанд". Юнус Ѓиёев дар робита ба ин ќазия субњи 10-уми январ аз љониби кормандони маќомот мавриди бозпурсї ќарор гирифта буд. Дар њамин њол, бино ба маълумоти маќомоти Прокуратураи вилояти Суѓд, соли гузашта дар минтаќаи Шимоли љумњурї нисбат ба 72 нафар аъзои гуруњњои динии ифротгаро, аз ќабили созмонњои "Њизб-ут-Тањрир", "Њаракати исломии Ўзбекистон" ва "Љамоати таблиѓ" 11 парвандаи љиноятї боз шуда, пас аз тафтиш ба баррасии суд ирсол гардидааст. ЊНИТ дар ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд бештар аз 900 аъзо дорад.

Дирўз, 29-уми январ дар Суди ноњияи Исмоили Сомонї мурофиаи охирини шањрдорї, раёсати њифзи муњити зисти шањри Душанбе ва Муњиддин Кабирї, вакили ЊНИТ, дар парлумон доир шуд. Ба њайси шоњид, хабарнигори ОИ TojNews, ки гузоришаш аз рафти муњокимаи лоињаи Ќонун "Дар бораи њифзи њавои атмосфера" дар парлумони Тољикистон боиси ба суд кашида шудани депутат шуда буд, пурсида шуд. Хабарнигор шоњидї дод, ки њангоми баррасии ќонуни мазкур, 8-уми октябри соли гузашта дар Маљлиси намояндагон иштирок доштааст ва фаъолияти вакилони мардумиро дар рафти љаласа инъикос кардааст. "Калимаи "урён" дар сарлавњаи гузориши хабарнигор, ки гуфта мешуд, боиси ранљиши шањрдорї шудааст, мањсули эљоди хабарнигор аст ва њељ рабте ба вакил надорад. Њамчунин, хабарнигор гуфт, ки дар гузориш мўњтавои мухтасари суханронии вакилон дар бораи лоињаи ќонуни мавриди зикр бо тањрири муаллиф дар сомонаи ОИ TojNes нашр шудааст, ки аз њифзи њавои атмосфера, аз он љумла, дар пойтахт нигаронї кардаанд. Намояндањои шањрдорї ва Раёсати њифзи муњити зисти шањр пешнињод карданд, ки даъвои Муњиддин Кабирї алайњи онњо, ки 20 миллион сомонї тавони зарари маънавї кардааст, бекор карда шавад ва даъвои онњо ќонеъ карда шавад. Бузургмењр Ёров, вакили дифои Муњиддин Кабирї, эътироз кард, ки даъвои шањрдорї дар бораи паст шудани шаъну эътибори тарафи муќобил нодуруст аст. Зеро вакил интихобкунандаи халќ аст ва вакилро ба суд додан маънои халќро ба суд додан аст. Ќабл аз нигаронињои вакил њам дар нашрияњо њатто маќомдорони давлатї њам нисбати дарахтбурї

САДОИ МАРДУМ

45 % корбарон зодрўзи Паёмбари Аъзамро таљлил мекунанд Бар асоси як назарсанљии ѓайрирасмие, ки Ољонсии иттилооти TojNews бо пешнињоди њафтаномаи љамъиятї ва сиёсии "Нигоњ" ба унвони "Зодрўзи Паёмбари Аъзамро таљлил мекунед?" дар тўли як њафта байни корбарони худ гузаронд, маълум шуд, ки 45 дар сад (183 нафар) - и корбарони ин сомона њатман зодрўзи Паёмари Аъзам (с)-ро таљлил мекунанд.

9% 4%

На

8%

Барои ман фарќ надорад

17%

Кароњият надорад

17%

Ин бидъат мањсуб мешавад

Ин кор шарт нест

Њатман

45%

Пурсиш бо фармоиши «Нигоњ» дар пойгоњи интернетии www.tojnews.org гузаронида шудааст. Теъдоди овоздињандањо 409 нафар.

Дар ин назарсанљї 17 дар сад (71 нафар) варианти "Ин кор шарт нест-ро интихоб карда, 17 дарсади дигар (69-нафар) гуфтаанд, ки ин бидъат мањсуб мешавад. Дар ин назарсанљї 8 дарсад (32 нафар)-и иштирокчиён дар посух ба суоли "Зодрўзи Паёмбари Аъзамро таљлил мекунед?" гузинаи "Кароњият надорад"-ро интихоб кардаанд.

Дар миёни иштирокчиёни ин назарсанљии ѓайрирасмї њамагї 4 дарсад (15-нафар)-и корбарони TojNews гуфтаанд, ки барои ман фарќ надорад ва 9 дар сад (37)-и дигараш варианти "На"-ро интихоб кардаанд. Назарсанљї аз 22 то 29-уми январи соли 2013 идома кард ва дар он 404 нафар иштирок кард.

дар пойтахт изњори ташвиш кардаанд ва мо онњоро ба суд пешнињод кардем. Баъди музокираи тарафњо, суд ба хонаи машваратї рафта, таќрибан, баъди ним соат њалнома пешнињод кард. Дар њалномаи суди ноњияи Сомонї гуфта мешавад: "Муњиддин Кабирї, вакили парлумон аз Њизби нањзати исломии Тољикистон, дар сомонаи TojNews расман раддия нашр кунад ва аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе узр пурсад". Тарафњо њуќуќ доранд, ки њалномаи мавриди зикрро дар зинањои кассатсионї баррасї кунанд. Вакили дифои Муњиддин Кабирї баъди шунидани њалнома норозигии худро баён дошта гуфт, дар кўтоњтарин муњлат ба Коллегияи кассатсионии шањри Душанбе шикоят мебарад. "Њалномае, ки нисбати вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Тољикистон бароварда шуд, ин нисбати Маљлиси намояндагон - минбаре, ки бо раъйи халќ интихоб мешавад, бароварда шуд. Дигар ягон вакил љуръат намекунад, ки дар бораи масоили мухталиф ва он масоиле, ки мардум - интихобкунанда нигаронї мекунад, њарф зананд. Ин љо њам бетарафии Маљлиси намояндагон дар њифзи вакилаш зери суол аст. Дар њоле, ки мо тамоми далелњои исботкунанда оид ба исботи суханронињои вакилро пешнињод кардем", -гуфт Бузургмењр Ёров. Њаким Буриев, ваколатдори маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва Абдусалом Љўраев, сардори Раёсати њифзи муњити зисти шањри Душанбе, гуфтанд, аз њалномаи суд ќаноатманданд. Бояд гуфт, гузориши TojNews аз рафти муњокимаи парлумонии лоињаи Ќонун "Дар бораи њифзи њавои атмосфера" моњи октябри соли 2012 бо сарлавњаи "Муњиддин Кабирї: 10 сол пас Душанбе "урён" мешавад" нашр шуда буд. Баъдан, љавоби шањрдорї ба гузориши мазкур дар сомона нашр гардид, ки дар он аз вакили парлумон дар робита ба изњори нигаронияш бидуни факту далел аз дарахтбурї дар пойтахт талаби узрхоњї мешуд. Шикояти шањрдорї ба суд баъди нашри вокуниши мазкур сурат гирифт, ки боиси шикояти љониби вакил гашт. Љониби Кабирї муќобили ин даъво ба суд шикоят бурдааст, ки шањрдорї бо нашри вокуниш дар сомонаи TojNews зерњимояашро дуруѓгўй ва беимон номида, тањќир кардааст ва бояд љуброни маънавї дар њаљми 20 миллион сомонї пардохт кунад. Маблаѓи мазкур, тавре љониби Муњиддин Кабирї изњор медорад, ба созмонњои њифзи муњити зист равона хоњанд шуд. Ќазияи шањрдорї ва вакили ЊНИТ аввалин бањси судии вакили парлумон барои суханронї дар муњокимаи лоињаи Ќонун дар Тољикистон аст.


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

3

Ва њоло агар дар арсањои мухталифи илмиву фановарї ва њатто адабиву њунарї дар сатњи байналмилалї, таќрибан, њарфи тозае барои гуфтан надорем, ба далели аз китоб дур шудани мо ва махсусан, насли љавонамон аст.

ИНТРИГАИ РЎЗ

ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ

Бо дарки пайомадњои њуќуќии дар назари аввал, ночизи ин ќазия, мо амалњои рањбарияти Кумита оид ба корњои дини назди Њукумати Тољикистонро ѓайриќонунї дониста, онро хилофи сиёсатњои њукумат ва Президенти Тољикистон мешуморем. Амалкарди раиси Кумитаи мазкур, њамчунин, нишони бармалои беэњтиромии ў ба арзишњои демократї, ахлоќи хизматчии давлатї ва фарњанги идорадорї низ мебошад. Мо бар онем, ки бе вокуниши љиддии љамъиятї ва маъмурї мондани он нишони беэътиної ба авлавияти ќонуну њуќуќи инсон ва озодињои демкоратї будани Њукумати кишвар ва љомеаи шањрвандии Тољикистон аст. Иддаои Кумита оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки боиси оѓози парвандаи маъмурї бо иттињоми "майдаавбошї" (моддаи 460-и КМ ЉТ) нисбати хабарнигор Амруллоњи Низом аз љониби Раёсати мубориза зидди љиноятњои муташаккил (РИЗЉМ)-и Вазорати корњои дохилии Тољикистон гашт, амали муѓризонаи рањбарияти Кумита буда, танњо ва танњо ба фаъолиятњои касбии журналист рабт дорад. Се тан аз "љабрдидагон"- тобеони Абдурањим Холиќов бо шумули роњбари дастгоњ ва ронандаи раиси Кумита иддао доранд, ки њамкори мо субњи 12-уми январи соли љорї бе иљозат (?) ба њавлии Кумита ворид шуда, бо рафтори даѓалона, њаќоратро нисбати посбон ва ронандаи раиси Кумитаи дин раво дида, тартиботи

љамъиятиро вайрон карда бошад. Њол он ки хабарнигор баъди мувофиќа, дар њавлии ин Кумита барои ворид шудан ба назди Абдурањим Холиќов наздик ба 10 даќиќа, дар њавлї ва њавои сард интизорї кашида буду баъди маълум кардани шахсияти ў, дучори рафтори беадабонаи номбурдањо гашту ўро даѓалона аз сањни њавлии Кумита бароварданї шуданд. Тањќиќи мо нишон дод, ки "майдаавбошї" дар њаќќи ин хабарнигор, хатмкунандаи ду Донишгоњ ва ќории мураттаби Ќуръон тўњмати мањз асту навори видеоии пурраи он рўз инро исбот мекунад. Ин ѓараз таърихчаи зиёда аз дусола дошта, бо нашри чанд матлаб, аз љумла, оиди пулакї шудани фатво, танќиди китоби "Њуќуќи исломї"и Абдурањим Холиќов ва аввалин љарима барои намоз дар Тољикистон рабт дорад, ки умедворем, аз љониби љомеаи журналистї ва коршиносї муфассал тањќиќ хоњанд шуд. Мо мутмаинем, ки мурољиат ба РИЗЉМ-и Вазорати корњои дохилии Тољикистон натиљаи шиносбозии роњбарияти Кумита бо роњбарияти ин Раёсат аст, ки мо инро низ исбот хоњем кард. Кўшиши боздошти Амруллоњи Низом дар санаи 16-уми январи соли љорї дар дафтари кории хабарнигор аз љониби чор нафар масъулини ин Раёсат низ ѓайриќонунї буда, бањои њуќуќї мехоњад. Мо умедворем, ки Прокуратураи шањри Душанбе дар љавоб ба аризаи хабарнигор ба ин амал бањои њуќуќї

ШАРЊИ ХОНАНДАГОН НИГАРОНЇ Абдурањмон Муњаммад, 28 январ, 2013 - 21:56 Парвардигоро, ин бародари азизро аз шарри ањриманњои одамсурату зањњоктабиат эмин нигањ бидор. Тољикистонро ба як давлати воќеан, озоду демокросї табдил бидењ. ОМИН! Гост, 29 январ, 2013 - 00:56 Худованд шуморо аз он фитнаву туњмате, ки бароятон сохтаанд, наљот дињад ва дар он хизматњое, ки барои дину љомеа мекунед, Ху-

дованд нусрат дињад. ОМИН! Антишоњроњ, 29 январ, 2013 - 12:28 Суханбозї накун, бародар. Онњое, ки пуштибонияшон мекунї, ба ту баринњо ниёз надоранд. Бародарон, журналистон! Шумо куњед, аз ин бодичањо натарсед! Зинда бод њаќиќат! журналист 30 январ, 2013 - 09:50 РОЊ ба суи ЊАЌ! ба пеш!!!! бар зидди мањалчигї, шиносбозї, беадо-

ИЛЊОМИ ЊАФТА ДИГАР КАСЕ НАМОНДА БУД ЭЪТИРОЗ КУНАД! Ваќте нозињо барои куммунистњо омаданд сукут кардам куммунист набудам Ваќте сосиёл-димукротњоро гирифтанд сукут кардам сосиёл-димукрат набудам Ваќте онњо барои Иттињодияњои тиљоратї омаданд эътироз накардам узви њељ иттињодияе набудам Ваќте барои куштани яњудон омаданд дубора сукут кардам зеро яњудї набудам Ваќте суроѓи худам омаданд дигар касе намонда буд эътироз кунад! Мортин Нимеллер

дода, њамчунин, маќомоти прокуратура аризаи ўро оиди бекор кардани ќарори РИЗЉМ-и Вазорати корњои дохилии Тољикистон оиди њуќуќвайронкунии маъмурї ќаноатманд месозад. Мо ќазияи мазкурро хатари љиддї ба озодии сухан чун яке аз рукнњои асосии љомеаи њуќуќбунёд ва демократї, ки солњо боз љомеаи шањрвандии Тољикистон кўшиши расидан ба онро доранд, њамчунин, монеъ шудани мансабдори њукуматї ба фаъолияти касбии журналистї, мањдуд кардани дастрасї ба иттилоот ва вайрон кардани талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи иттилоот", Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуот ва дигар ВАО", њамчунин, талаботи Сарќонуни Љумњурии Тољикистон арзёбї карда, аз роњбарияти СЉ "ИНДЕМ"муассиси Ољонсии иттилоотии Тољнюс ва њафтаномаи "Нигоњ", аз масъулини Иттифоќи журналистони Тољикистон, Анљумани миллии ВАО-и мустаќили Тољикистон, Шўрои ВАО ва Медиа-Алянси Тољикистон талаб мекунем, ки ба маќомоти прокуратура оиди факти монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист бо аризаи даъвогї мурољиат намоянд. Њамчунин, мо аз Њукумати Тољикистон, маќомоти зирабт, адвокатњо, њомиёни њифзи њуќуќи инсон ва созмонњои њифзи њуќуќи башар даъват мекунем, ки ба ин ќазия бетараф набошанд, то мо дар якљоягї садди роњи ѓараз, шиносбозї, сохтакорї ва суиистифода аз мансаб бошем! Умедворем, ки аз ин ба баъд низ њеч яке аз ин амалњои номатлуб монеи рушди фаъолиятњои касбии журналистон нахоњанд буд. Изњороти њайати эљодии Ољонсии иттилоотии TojNews ва рўзномаи "Нигоњ" латї, тўњмати ногањонї!!!! Нест бод беадолатї!!! Соли Интихобот 30 январ, 2013 - 13:11 Агар журналсит зархарид бошад, пас он идда аз њукуматдороне, ки ба журналистони ватани маълумот додан намехоњанд, ва ё аниќтараш камбудињои худро аз онњо пушинидан мехоњанд, зархарид нестанд, ки бо њар васила дар Њукумат роњ ёфтаанд? Аз ин рў ваќти он расидааст, ки Њукумати Тољикистон аз бањри баъзе аз масъулини таъин кардааш, ки бо тафакури идорадорї дар асрњои гузашта имрўз кор мекунанд ва фарњанги идорадорї ва шањрвандпазириро дар њоли њозир ба тарзи замонавї надоранд,гузарад. Бас будагист, Њукумат бояд худаш дар ин мавридњо чораўи кунад, то имиљи худро дар арсаи дохилї ва љањонї нигањдошта тавонад. Њоло ваќти он расидааст, ки дар ин соли пур аз нишебу фароз ва бузургтарин имтињони солинтихобот њукумати сиёсаташро дигар кунад. Аз бањри чунин мансабдоре ба монанди раиси Кумитаи дин гузарад. Онро ба истеъфо фиристад, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва касе баъд аз ин љуръат накунад, ки барои ѓаразњои шахсї ва гуруњї шуда, ба обуруи Тољикитон латма ворид кунад. P.S: Баррасии матлаб дар www.tojnews.org идома дорад. Ба сомона аз телефонњои мобилї њам ворид шудан имкон дорад.

Фирор аз китоб ё нигоње ба иллатњои ин падида Тайи як-ду соли ахир дар Эрон яке аз бањсњои доѓи расонањо ин аст, ки ба таври рўзона шањрвандони ин кишвар чанд даќиќа мутолиа мекунанд. Намояндагони созмонњои расмї аз 75 даќиќа сўњбат пеш меоранду мухолифони онњо 7-9 даќиќаро ба њаќиќат наздик медонанд. Аммо коршиносони бетараф, ки ба омўзиши ин масъала машѓуланд, раќами 25-27 даќиќа дар шабонарўзро нисбатан воќеї мешуморанд. 25-27 даќиќа раќамест, ки хеле аз кишварњо расидан ба онро орзуи худ медонанд. Масалан, дар кишваре чун Русия, ки то фурўпошии Шўравї аз назари мутолиаи сарона маќоми аввалро дар љањон ишѓол мекард, њоло тибќи иттилои Маркази омўзиши афкори умумии ин кишвар, ба њисоби миёна танњо 9-13 даќиќа мехонанду бас. Дар дунё кишварњои муваффаќтар њам вуљуд доранд, аммо њадаф аз мисол овардани Эрони њамзабонамон он аст, то фикр накунем, ки мутолиа фаќат хоси аврупоињову ѓарбињо, яъне кишварњои аз назари иќтисодиву иљтимої пешрафта аст. Эрон дар солњои наздик чанд баробар боло бурдани ин раќамро яке аз вазифањои муњими рушди фарњангии худ муќаррар кардааст. Ва дарки ањамияти мутолиа барои ояндаи кишвар аст, ки њудуди ду соли пеш Владимир Путин китобхон кардани мардумашро вазифаи умумимиллї эълон намуд ва сипас, дар ибтидои соли гузашта пешнињоди ташкили фењрасти иборат аз 100 китоберо (дар мавриди таърих, адабиёт ва фарњанг) кард, ки њар як мактабхони Русия бояд бихонад. Модом ки дар Русия вазъ чунин аст, пас, мо - тољикњо чї њол дорем? Дар тўли рўзу њафта ва моњу сол чї ќадар мутолиа мекунем, барои касе маълум нест. Фикр намекунам, ки дар сатњи миллї сохторе ва ё бунёде ба омўзиши ин масъала љиддан машѓул бошад. Машѓул набудан ба ин маъност, ки барои ислоњи вазъ пешнињодоти мушаххас вуљуд надорад. Ташкили китобхонаи бузург дар Душанбе иќдоми хуб аст, вале дар канори он бояд корњои бунёдї сурат бигирад. Њеч кишваре бидуни мутолиа пешрафт намекунад. Таърихи гузашта ва имрўзии миллатњои мухталиф ин њаќиќатро тасдиќ менамояд. Ва њоло агар дар арсањои мухталифи илмиву фановарї ва њатто адабиву њунарї дар сатњи байналмилалї, таќрибан, њарфи тозае барои гуфтан надорем, ба далели аз китоб дур шудани мо ва махсусан, насли љавонамон аст. Шояд, бархе аз хонандагони мўњтарам бигўянд, ки мушкилоти бешумори иќтисодиву иљтимої барои мутолиа на имконият ва на ваќтеро боќї мегузорад. Бо ин назар то њадде мувофиќам. Аммо набояд тасаввур кунем, ки ѓизои маънавї фаќат дар сурате лозим аст, ки одам сер бошад. Агар ин тавр буд, пас, тамоми фарзандони мансабдоронамон бояд олиму фозил мешуданд... Баъзењо гаронии китобро сабаби камтаваљљуњ шудани мардум медонанд. Ин њам, шояд, беасос нест. Вале агар инсофан нигоњ кунем, мебинем, ки на танњо барои маводи ѓизої, балки барои сарулибос низ њамарўза харљњои зиёде сурат мегирад. Дар ин масъала, махсусан, занону духтаронамон хеле фаъоланд. Масалан, бо як либоси пурзарќу барќи маснўие, ки мехаранду саломатиашонро бо хатар рў ба рў мекунанд, чанд китоб барои фарзандон ё додарњояшон метавон ба даст овард? Зимнан дар хеле аз кишварњо ба шумули Русия аксарияти афроде, ки мутолиа мекунанд, занонанд. Аммо, мутаассифона, дар Тољикистон зоњир аз ботин муњитмтар шудааст. Куртаи гаронбањо надоштан айб аст, аммо фаќру нодории фарњангї љойи ору номус надорад. Агар инсофан иќрор кунем, чанд нафар аз мо дар буљаи моњонаву солонаи худ хариди маводи фарњангиро дар назар мегирем? (Ба љуз китобу дафтар, ки барои бачањоямон ќабл аз оѓози соли нави тањсилї мегирем). Шояд, ба њар миллион сокини кишварамон 70 нафар њам рост наояд. Вале дар хеле аз кишварњои пешрафта ва мутамаддин дар канори маводи ѓизої ва сарулибос хариди колои фарњангиро низ, њатман, мадди назар ќарор медињанд. Њатто дар мавриди хўроку либосворї сарфаљўї имкон дорад, аммо дар робита ба маводи фарњангї, не. Чаро? Зеро ба наќши созандаи он дар рўзгори худ бовар доранд. Вале китобу фарњангдўстии бештари мо асосан дар сатњи иддао ва њарф аст. Дар ин масъала наќши хонавода бисёр муњим аст. Зеро асосан аксари фарзандон падару модари худро бењтарин намуна барои пайравї медонанд. Ин аст, ки дар зиндагиашон умдатан хулќу атвор ва рању рафтори падару модари худро такрор мекунанд. Аммо агар иќрор кунем, чї ќадар фарзандонамон китобхониамонро дидаанд, ки сармашќи њаёташон шавад? Бачае, ки дар муњити хонавода мутолиаро надида бошад, ин кор берун аз хонавода барояш сахт ва њатто ѓайритабиї ба назар мерасад. Љомеаи мо аз њамин хонаводањое ташкил мешавад, ки бо китоб бегонаанд. Ёдам меояд, ки дар замони донишљўиямон дар автобусу троллейбусњо хеле аз мусофирон то расидан ба истгоњашон китоб ва маљаллаву рўзнома мехонданд. Аммо дар панљ соли ахир камтар аз панљ мавриди мутолиа дар наќлиёти љамъиятиро дидам, ки мутаассифона, таќрибан, њамаашон шањрвандони хориљї буданд... Њарфњо зиёданд, вале мањдудияти ин сутун во медорад, то њамин љо нуќта гузорем. гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

Ба шиносбозї ва суиистифода аз мансаб роњ намедињем!

аз Ќосими БЕКМУЊАММАД

i Матлаби ин

Мо, њайати эљодии Ољонсии иттилоотии Тољнюс ва рўзномаи "Нигоњ" аз ќазияи хабарнигор Амруллоњи Низом шадидан изњори нигаронї намуда, онро намунаи барљастаи ѓараз, шиносбозї, сохтакорї, суиистифода аз мансаб, беэњтиромї ба ќонун ва ахлоќи хизматчии давлатї арзёбї мекунем.


4

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Њоло вобастагї аз маводи нафтии Русия аз 90 дарсади ќаблї ба 60 дарсад поён омадааст. Дар њоли бекор шудани бољи гумрукї ин вобастагї хоњад афзуд. Воќеан як вазъи пешбининашавандае пеш хоњад омад. Мардуми Тољикистон дар интизори онанд, ки байни Русияву Тољикистон Созишнома дар бораи интиќоли маводи нафтї, ё сўзишворї имзо шавад. Вижагии ин созишнома ин аст, ки Русия бољи гумрукиашро бекор мекунад ва нархи бензин дар Тољикистон арзон мешавад. Аммо тавре ба назар мерасад, ин хаёли хом аст, ё «хестї, ки хобї». Бензин шояд арзон нашавад, ё арзон шавад њам хеле ночиз. Чаро? «ДИГАР ЧЇ КОР КУНЕМ?» Дар нишасти матбуотии вазири молия Сафаралї Наљмиддинов маълум шуд, ки вазорати ў ба њукумат пешнињод кардааст, то аксизи маводи сўзишворї ва мањсулоти спиртиву тамокуро баланд бардоранд. Ин масъала, ба ќавли Наљмиддинов, њангоми баррасии Кодекси нави андоз пайдо шудааст, ваќте пешнињод кардаанд, ки барои амнияти экологї андоз љорї шавад. Аммо ин пешнињод ќабул намешавад. Вазири молия мегўяд: - Он гоњ мо пешнињод кардем, ки андози аксизиро баланд кунем. Дигар чї кор њам кунем? Мо нафту газ истењсол намекунем, поруи минералиро аз хориљ меорем. Аммо њукумат њељ гоњ барои мураккаб кардани вазъ дар дохили кишвар иќдом намекунад. Аз рўи гуфтаи Наљмиддинов, имрўз сари њар тони маводи сўзишворї 40 евро муќаррар шудааст ва вазорати молия пешнињод дорад, ки ин раќам ба 90 евро боло бурда шавад. Љаноби вазир мутмаин аст, ки андози аксизї дар Тољикистон дар муќоиса бо дигар кишварњои љањон хеле пас асту дар таркиби ќисмати даромади буљет њамагї 2 дарсадро ташкил мекунад. Дар пешнињоди вазорати молия љои норўшанї нест, вале он гуна ки вазир онро асоснок мекунад, мантиќе надорад. Далели оддї: ваќте газу нафтро худ истењсол намекунї, то куљо ќимат кардани мањсулот ба нафъи иќтисоду некўањволии мардум хоњад буд? Ягон намуди маводи сўзишворї дар Тољикистон истењсол намешавад. Аз рўи иттилои мо, 10 - 12 њазор дар Суѓд ва ќариб њамин ќадари дигар дар Кўлоб бензин истењсол мекунанд. Аммо њоло дар кадом шароит мехоњанд барои маводи нафтї аксиз љорї кунанд? Наљмиддинов мегўяд, ки дар њоли њозир љорї кардани аксиз воќеї нест, зеро њанўз маводи нафтї бо бољи гумрукї ворид мешавад ва нархи гарон дорад: - Мо ба хулосае омадем, ки масъаларо пас аз имзои созишномаи интиќоли маводи нафтї биду-

Азбаски диктаторњо ќариб њамеша аз миёни табаќањои пасти љомеа мебароянд, онњо аниќ медонанд, ки халќ чї мехоњад. Хоњишњои худро иљро карда, онњо хоњишњои мардумро низ иљро мекунанд... Халќ дўст медорад, ки ўро ќонеъ кунанд, мисли падар навозиш доранд ва сахтгир бошанд. Онро њатто метавон ба љангњо моил кард. Роберт ВАЛЗЕР

Аксизи Наљмиддинов Чаро бензин арзон намешавад? ни бољи гумрукї матрањ кунем. «Мо» - и Наљмиддинов ин вазоратњои молия, рушди иќтисод ва савдо, энергетика ва саноат ва нињоят Кумитаи сармоягузорї мебошанд. Зимнан, Гул Шералї, вазири энергетика ва саноат њам ин масъаларо шарњ дод. Вай гуфт, ин пешнињодро вазораташ ѓайри ќобили ќабул медонад, зеро барои истеъмолкунандагон вазнинї меорад: - Дар масъалаи аксиз мо чандин маротиба ба њукумат мурољиат кардем. Бори охир њафтаи гузашта зимни як нома изњор доштем, ки

ба ин њад. Шояд 10 ё баланду боло 15 дарсад арзон шавад. Ба назари Рањимзода, њамон бољи гумрукиро Русия мустаќим ба буљети Тољикистон медод, бењтар буд. 2 СОМОНЇ Ба њамин минвол, интизорињои сокинони Тољикистон аз он, ки пас аз бекор кардани бољи гумрукї ќимати маводи нафтї, пеш аз њама бензин арзон мешавад, тањти суол меафтанд. Иќтисоддонон тахмин мезаданд, ки агар њоло як литр бензини навъи 92 дар бозор 6, 2 сомонї

гумрукї ба Русия месупорем. Дар Тољикистон сари њар тон 50 евро аксиз, 5 дарсад бољи давлатї, 1 дарсад харољоти гумрукї ва аз љамъи ин маблаѓ, яъне њудуди 1120 доллар 18 дарсад - 200 доллари дигар андоз месупорем. Акнун таќрибан њисоб кунед, ки аз 1320 доллар 350 долларро гирем, чї ќимат ба даст меояд? 970 доллар. 4704 сомониву 50 дирам. Ин барои як тон, на 1000 литр. Дар мо на бо кило, балки литр мефурўшанд. Агар як тонро тахмин 1100 литр њисоб кунем, нархи як литри бензин тахминан 4,4 сомонї ё камтар бояд шавад.

БЕНЗИН БОЯД АРЗОН ШАВАД!!!. ќабул кардани ин пешнињод шарт нест, зеро имкон дорад барои истеъмолкунандагон вазнинї орад. Мо тарафдори ин пешнињод нестем. Шариф Рањимзода, вазири рушди иќтисод ва савдо њам гуфт, ки љонибдори аксиз нест, аммо љавобаш духўра буд. Вай гуфт, ки дар шароити кунунї поён рафтани ќимати маводи нафтї шарт нест, зеро пас аз ин номаълум, ки чї вазъият ба вуљуд меояд: - «Азия - плюс» навиштааст, ки бензин арзон намешавад, «Озодї» навиштааст, ки 30 дарсад арзон мешавад. Њарду пешбинї нодурустанд. Шояд арзон шавад, аммо на

ва навъи 98 - 7 сомонї аст, аввалї 2 ва ахирї 2,5 сомонї арзон мешаванд. Аммо Суњайлиддин Муњиддинов, як тољир, ки аз Русия бензин меорад, мегўяд, њукумат он ќадар ба арзон шудани маводи нафтї манфиатдор ба назар намерасад. Ба ќавли ў, 8 намуди маводи нафтї бензин, солярка, керосин ва ѓайра аз хориљ ба Тољикистон ворид мешаванд, ки дар њадди миёна сари њар тони онњо 360 доллар бољи гумрукї гирифта мешавад: - Нарх бештар дар худи Тољикистон ќимат мешавад. Масалан, 1 тон бензинро дар Русия аз 400 то 500 доллар мехарем. 350 доллар бољи

ЧАРО БОЯД ЌИМАТ НАШАВАД? Шариф Рањимзода мегўяд, ки арзон шудани ќимати маводи нафтї дар бозор номуайяниро ба вуљуд меорад. Мантиќан аз суханони ў хулоса мешавад, ки арзон нашавад, хубтар аст. Аммо ин љо дигар омилњо њастанд, ки вазирон дар бораи он шояд гап задан натавонанд. Аввал. Мањдудияти воридот аз Русия 1 миллион тон муќаррар шуд. Аз дигар кишварњо - Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбакистон ва Туркманистон њам 650 њазор тони дигар ворид мешавад. Аммо њамагї дар Тољикистон ба њамин нархњо савдо

мешаванд. Ин як бозори ношаффоф аст ва чандин бозингари дохиливу хориљї дорад, аммо њоло маълум мешавад, ки аз бекор шудани лаѓви бољи гумрукї таѓйир бояд хўрад ва ба нафъи бозингари асосї - Русия. Акрами Холиќ, коршинос дар умури иќтисод мегўяд, дар њоли коњиш ёфтани бољи гумрукї эњтимолан талабот ба бензини кишварњои Осиёи Марказї кам шавад: - Маќомот шояд аз ин хавф доранд, ки бензини арзони русї бозорро мегирад ва ин маънои онро хоњад дошт, ки воридот аз дигар кишварњо кам мешавад. Њоло вобастагї аз маводи нафтии Русия аз 90 дарсади ќаблї ба 60 дарсад поён омадааст. Дар њоли бекор шудани бољи гумрукї ин вобастагї хоњад афзуд. Воќеан як вазъи пешбининашавандае пеш хоњад омад. Шариф Рањимзода њам мегўяд, то 15 дарсад коњиш ёфтани ќимати маводи нафтї дар њоле хоњад буд, ки авомили дигар пеш наоянд. Дар бораи ин авомил вазир намегўяд, аммо инро њам зикр мекунад, ки афзоиши воридоти газ њам муљиби коњиши истифодаи бензин дар Тољикистон шудааст. Мантиќан, дар њоли кам шудани истифодаи бензин талабот фаќат ба бензини арзон он њам русї мемонаду халос. «ГАЗПРОМ» Ин љо суоли асосї пеш меояд: агар аз маводи нафтї бо ин роњњо мешавад вобастагиро аз Русия коњиш дод, ин ќадар муњим шудани муомилаи нафтї бо он чї зарурат дошт? Мо гўё ба ќимати бољи гумрукї њузури пойгоњи низомии Русияро дар Тољикистон љуброн кардем, аммо ин тавр нашуд, балки набудааст. Њукумат љон канд, ки барои бархе ширкатњои тањти контроли «болоњо» њаќќи реэкспортро ба даст орад, ки ба гуфтаи Гул Шералї, ин њам ба даст наомад. Будубоши муњољирини тољик дар Русия бояд соддаву осон мешуд, ки нашуд. Пас Тољикистон чї гирифт? Акрами Холиќ мегўяд, кўшиши боло бурдани аксиз њамоно аз худ кардани бољест, ки русњо бекор хоњанд кард: - Маълум мешавад, љонкании ин ќадар маќомот танњо ба хотири он будааст, ки барои кадом як ширкати тањти назорати «болоњо» њаќќи реэкспорт ба Афѓонистонро соњиб шавад. Аммо «Газпром» наќшањои худро дорад. Ин ширкати бузурги љањонї њамчун абзори геополитикї дар дасти Кремл аст. Онњо њељ гоњ намегузоранд, ки бозори Афѓонистон аз дасташон равад. Ин њам як роњи нуфуз дар ин кишвар ва њатто фаротар аз он - то Покистону Њинд аст. Дар ин минтаќа - аз Аврупо то Уќёнуси Њинд ширкате ба тавоноии «Газпром» нест. Ба ќавли коршинос, Ќирѓизистон дид, ки намешавад, монд, ки равад, яъне бозори маводи нафтиашро пурра дар ихтиёри «Газпром» гузошт. Њоло нарх дар бозори Ќирѓизистон мўътадил аст. Инро аз Тољикистон мехоњанд, вале то ба њол муваффаќ нашудаанд. Маълум нест, ки ин бар зиёни мардум тамом мешавад ва ё ширкатњои «болої». Њар чї набошад, хулоса мешавад, ки коњиши ќимати бензинро дар Тољикистон набояд интизор шуд. Имрўз њарфи аксиз баромад, боз Худо медонад, ки дар ин њукумат боз кадом роњњои аз худ кардани бољи гумрукиро эљод мекунанд. Воќеан, ваќте вазираш мегўяд, ки арзон шудани бензин оќибатњои номатлуб дошта метавонад, дигар чї љои гап мемонад? Фаромарзи ФОЗИЛ


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

5

- Ваќте кўдакро дар руњияи инсондўстї тарбият мекунанд, њељ гоњ хишти аввали тарбия каљ намеояд. Ва фарќи Австралия аз Тољикистон дар њамин аст, ки 99%(?) мусалмонанд ва вазифаи худро, ки шумо гуфтед, иљро мекунанд.

МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО Як ширкаткунандаи Фейсбук навореро аз Австралия барои бањс гузошт. Дар ин навор мубаллиѓон - миссионерони мусалмон дар кўчањои Австралия гашта, ќисме ба мардум адабиёти исломї таќсим мекунанд, ќисми дигар бо мардум ба сўњбат ворид шуда, дар бораи ислому мусалмонї маълумот медињанд. Мардум ба онњо бо рўи хуш бодиќќат гўш медињанд ё адабиёти онњоро мегиранд. Аммо њадаф аз ин навор Австралия нест. Фейсбукї дар ин замина ба Тољикистон руљўъ мекунад. Суоле њам, ки дар заминаи ин навор ба миён омад ва бањс шуд, ин буд: Мењр Собириён: - Не, имкон надорад ва дар оянда њам набояд иљозат дод. Чаро? Ин љо як тарафи масъала аст. Даъват ба як дине, ки мо љонибдораш њастем. Лекин дар он кишварњо њама динњо озодона даъват мекунанд ва њељ кас љанг њам намекунад. Аммо агар дар Душанбе ба ѓайр аз таблиѓи ислом намояндагони дигар динњо њам баромада, озодона таблиѓот баранд, оромї ба зудї аз даст меравад. · Like · 1 Иззат Амон: - Мењри гиромї, мутмаин бошед, ки дар кўчањои марказии Душанбе намояндагони тамоми динњо, ба љуз ислом њаќќи нашри динашонро доранд. Як бор аз кўча и Рўда кї гуз ашта, каме ањамият дињед, аввалин касе, ки бо тўдаи китобњо наздатон меояд, ин буддоињоянд, баъдан, масењињо, њатто шайтонпарастњо њаќќи нашри динашонро доранд. Мутмаин бошед, ки агар даъват озод бошад, баръакс, њама гуна хархаша ва нофањмї аз даст меравад. · Like · 2 Мењр Собириён: - Ана инаш аз њаќиќат дуртар аст, акаи Иззат. Ман њар рўз аз корхона баромада, ба як тарафи шањр - марказ меравам, аммо ягон буддої ё масењиро надидам. Соли 2000 дида будам, ки љавоне дар њамон кўчаи Рўдакї нишонии Серковро ба рањгузарон медод, ки ба он љо раванд. Аммо имр?з ќонун баромадааст. Душанберо аз Австралия фарќ бояд кард. Дар ин љо 90% кўдакон бо таблиѓи ислом дар сатњи оилавї ба воя мерасанд ва хољати таблиѓи зиёдатї дар кўчањо нест. Бењтараш, таблиѓгарон рафта, ягон кори хайр дар ятимхонањо ё хонаи пиронсолон кунанд, дар њоле ки ваќти холї доранду онро дар роњи Худо сарф кардан мехоњанд. Донишманде мегуфт: Аќидањои шумо њамон ваќт меши-

Оё даъвати исломї дар кўчањои шањри Душанбе имкон дорад?

кананд, ки онро бар сари дигарон тањмил кунед. Зафар Пурдил: - Оѓо Мењр, тањмил ва таблиѓ як чиз нестанд. Иззат Амон: - Шумо гуфтед, ки тољикон аз кўдакї бо ислом бузург мешаванд, вале инсофан њамин рўзи якшанбе ба калисои масењиёне, ки дар ќисмати 46 шањр, шафати бозори Султони Кабир воќеъ аст, ташриф биёваред, он љо њамагї тољиканд ва шуморашон аз 1000 зиёдтар аст. Яъне агар фазои даъват ба ислом холї бошад, пас, намояндањои дигар динњо ин фазоро пур хоњанд кард. Мењр Собириён: - Дўстон, ман њам узви њамин љомеа њастам ва мебинам, ки чї таблиѓ мешавад ва чї тањмил. Хеле

хурсанд шудам, ваќте ќонуне баромад, ки маќсадаш њифзи кўдакон аз тањмили маз?абї буд. Вале афсўс, ки нопурра буд ва аслан, дуруст кор намекунад. Кўдакони мо аз тањмили мазњабии падару модари худ њифз намешаванд. Зафар Пурдил: - Мисли отчётдињии њукуматдорони мо гап мезанад, Мењр))))) Файзинисо Воњидова: - Имрўз дар бозорњо мебинам, ки занњои мусалмони мо бо рўсарї бо тиљорат машѓуланд ва дандонњои худро бо хандањои "зебо" ба дилхоњ харидор ба намоиш гузоштаанд, дар дањон жвачка, мисли њайвон кафша доранд, дар нуќтањои мубодилаи асъор низ бародарони муслими мо бо фоизгирию фоиздињии маблаѓ машѓуланд, агар бигўям, шояд, сањфа камї кунад, аз њамин

хотир, бародарон, амали њар яки мо ва мусалмон будани ману Шуморо танњо Худои яккаю ягона муќаррар менамояд. · Like · 2 Мењр Собириён: - Ваќте кўдакро дар руњияи инсондўстї тарбият мекунанд, њељ гоњ хишти аввали тарбия каљ намеояд. Ва фарќи Австралия аз Тољикистон дар њамин аст, ки 99%(?) мусалмонанд ва вазифаи худро, ки шумо гуфтед, иљро мекунанд. Дигар њољат ба таблиѓоти кўчагї монанди австралиягињо нест. Иззат Амон: - Кишвари мо - кишваре шудааст, ки масъулинаш аз гузоштани намоз назди рањбарияти худ мењаросанд. Мутмаинам, ки бисёре аз онњо намозгузоранд, вале намозашонро пинњонї адо мекунанд. Дўсте наќл мекард, ки ваќте љано-

заи Асадулло Ѓуломов, ноиби Сарвазири кишварро, ба масљид аз бањри адои намози љаноза оварданд, тамоми аъзои њукумат дар курсињо, дар як кунљ мисли тамошобин нишастанд. Касе аз онњо љуръат накард, то дар сафи намози љаноза рост биистад. Њол он ки, худам медонам, бисёрињо намозхонанд. Яъне тарс аз рањбарият барои масъулини давлатии мо бештар аз тарси Худо ва гузоштани намоз аст. Баъид аст, ки чунин мусалмонї назди Худо ќимате дошта бошад. · Like · 1 Мењр Собириён: - Дўстон, илтимос, биёед, аз Њукумати ЉТ исломофоб натарошед. Бале, бо равияњо ва шахсиятњои исломие, ки дар амалњои онњо хатар ба амнияти худро мебинанд, мубориза мебаранд. Албатта, шеваи ин мубориза нодуруст ва гоњо тањќиркунанда аст. Аммо аз инсоф дур наравед, њамаи онњо њам мусалмон њастанд ва инро расман тасдиќ мекунанд. Чї тавр онњо метавонанд худ - душмани худ бошанд? Ман њатто ба бесабаб душманї кардани ѓайримусалмонњо бовар намекунам, чї расад ба њукумати мусалмони худамон. · Like · 3 Сирус Венс: - Њукумати ЉТ аз исломофоб бадтар аст. Магар бастани масљидњо, ќапида бурдани ришдорњо, манъ кардани кўдакњо ба масљид даромадан, азони баланд надодан, таълими исломиро дар хонањову балки масљидњо манъ кардан ва ѓайра?! Агар ба ягон мусалмони давлати араб ин гап?оро гўем, мегўяд, "шояд, дар ягон давлати куффор зиндагї доранд мусалмонњои бечора" Зафар Пурдил: - Сурушљон, барои он ки аламу дарди мусалмононро бифа?м?, бояд ки мусалмон бошї. · Like · 1

МАВЌЕЪ Тибќи фармони президенти Тољикистон минбаъд фурўши мањсулоти тамоку дар асоси иљозатнома ба роњ монда мешавад. Инчунин супориш шудааст, ки дар санадњои ќонуние, ки ба ин фармон иртибот доранд, мутобиќ карда шаванд. Ду сол ќабл - 1-уми январи соли 2011 парлумони кишвар ќонун «Дар бораи мањдуд намудани тамоку» - ро ќабул кард ва маќсад мањдуд кардани истеъмоли тамоку дар љойњои љамъиятї буд, аммо бањона њифзи саломатии мардум. Бояд љойњои махсус муќарар карда мешуд ва нафароне, ки риоя намекарданд ба љавобгарї кашида мешуданд. Пас аз ќабули ќонун њар рўз дар телевизионњои давлатии кишвар гап сари носу сигор мерафт. Чанд рўз пеш Русия ќонун ќабул кард, ки фурўши носро мањдуд мекунад ва президенти Тољикистон њам фармон баровард. Тибќи фармони мазкур минбаъд носфурўшњо њам иљозатнома мегиранд, вале муаммо ин аст, ки ба бозори гарми тамоку кї чашм ало карда бошад ва барои чаро боз гаронї пеш меорем? Вобаста ба ин мавзуъ «Нигоњ» пурсид:

Кўшишњои њукуматро оиди танзими тамокуро ќабул доред? Сиёвуш ШАРИФОВ, сокини Душанбе: - ЊА! Фикр мекунам, ки ин ќонун боиси дастгирї аст, лекин каме камбудї дорад ва он њам дар гирифтани иљозатнома. Дигар пањлўњояшро ман дастгирї мекунам, чунки агар ин дафъа ќонуни пешинаро њам дуруст ва мукаммал намоянд, хуб мешавад. Агар мутахасиссон ягон чизро баровардани мешаванд, зарар ва фоидаи онро ба инобат мегиранд, пас баъди хулоса мебинанд, ки кадом пањлу зиёд аст, яъне зарар ё фоидаааш. Ин фармон барои табаќае, ки истифода мебаранд, мумкин маќбул набошад, лекин агар аз пањлўи тиббї гирем, чї ќадар ба саломатии худаш ва атрофиён фоида дорад. Овозањое њам буд, ки љанги Бадахшон аз пушти бизнеси сигарет аст ва дар он љо як генерали бонуфузи тољик љон доду боиси марги чандин нафари дигар шуд. Пас хуб мешуд, ки фармони дигареро мебароварданд, ки нўшокињои спиртиро манъ мекарданд, ё кореро мекарданд, ки нархаш гарон шаваду дастрасї ба он одамони кам дошта бошанд.

Алиризо ЊАЌНАЗАР, муњољирбача: - НЕ! Фармони мазкур дар асли худ бадї надорад. Аммо ман чаро онро ќабул надорам? Барои он, ки назоратчиёни ќонун бештарашон дар Тољикистон ба љои салла калла меовардагињоянд. То он замоне, ки фањмиши назоратчиёни ќонун иљрочиёнаш баланд нашавад, њар ќонуну фармоне, ки барои мањдуд кардани амале (гарчи амали носавоб њам бошад) содир мешавад, натиљаи заруриро ба бор намеоварад. Масалан, манъи сигоркашї дар љойњои љамъиятї. Чигуна амалишавии њамин банди ќонун дар Тољикистон нишон медињад, ки аз фармони боло чиро бояд интизор шуд. Барои боло бурдани фањмиш ва масъулияти кормандони њифзи њуќуќ њукумат масъул аст, ки механизми суфташудаеро роњандозї кунад. Агар масъулини нињодњои зиддахл фаъолияти худро дар асоси гиромї доштани волоияти ќонун анљом дињанд ва инсон барояшон волотарин арзиш бошад, мо ба њељ мањдудкуние ниёз надорем.


6

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

- Алњол нисбат ба солњои пеш таваљљўњи волидайн ба илмомўзии фарзандњояшон зиёд шудааст ва ѓамхории њукумат низ ба соњаи маориф хеле зиёд ба назар мерасад, ки далели инро метавон њамасола аз маблаѓњои зиёди ба ин соња људокардаи буљаи кишвар арзёб?

Имрўз дар вилояти Суѓд 11 мактаби ибтидої, 123 мактаби асосї, 701 мактаби миёна, 33 гимназия, 23 литсей, 4 мактаб-кўдакистон, 2 интернати санаторї, 3 интернат барои кўдакону ятимони бепарастор ва 4 интернат барои кўдакони нуќсондор фаъолият бурда, дар маљмуъ, 464 њазору 304 хонандаро ба тањсил фаро гирифтаанд. Аммо љалби хонандагон ба зинаи савуми тањсил њамоно ташвишовар боќї мемонад. Љалби хонандагон ба зинаи савуми тањсил дар њамаи шањру ноњияњои вилоят нисбат ба соли гузашта ѓайр аз шањрњои Ќайроќќум, Чкалов ва ноњияи Шањристон зиёд шудааст. Дар шањру ноњияњои номбаршуда ин нишондињанда баръакси њолро нишон дода, нисбат ба соли гузашта дар шањри Ќайроќќум 2.3% , Чкалов - 3.3% ва ноњияи Шањристон 0.9% коњиш ёфтааст. Дар вилояти Суѓд бошад, соли хониши гузашта синфи 9-ро 43 њазору 188 нафар хатм намуда, ба синфи 10 дар соли хониши љорї 32 њазору 509 нафар ё худ 75.3 %-и хонандагон љалб шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 3.3% зиёд аст.

66.3% ва Панљакент бошад, 69.2% талабагон ба зинаи савуми тањсил љалб карда шудаанд. Масъулини маорифи вилоят иброз медоранд, ки давоми сол ба масъалаи ќабули духтарон ба зинаи савуми тањсил диќќати махсус дода шуда, аз 72.4 %-и соли гузашта имсол то ба наздики 76 % зиёд шудааст. Вале тањлилњо нишон медињанд, ки на дар њамаи шањру ноњия?о нисбати ин масъала диќќати љиддї дода мешавад. Ќабули духтарон ба зинаи савуми тањсил дар шањрњои Ќайроќќум - 3.6%, Хуљанд - 2.1%, Табошар - 4.9%, Чкалов ва Исфара 0.1 - 0.3% кам шудааст. Сабаби дар синфњои болої тањсил накардани духтаронро коршино-

нигарон кардааст ва кам нестанд он нафароне, ки њатто дар донишгоњ тањсил кардаву бо сабаби наёфтани љойи кори мувофиќ ба Русия барои муњољират мераванд, ки ин њолатро дида, бештари хонандагон аз бањри хондан мебароянд. Сари ваќт нашудани дарс ва нарасидани омўзгорони варзида низ яке аз омилњои дигари дур шудани хонандагон дар зинаи савуми тањсил мебошад, иброз медоранд коршиносон. ЌОНУН НИЗ БОЯД МУТОБИЌ БОШАД Имрўз ќонунгузории кишвар барои њар як шањрванд гирифтани

Мактаб хонем ё нахонем?

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суѓд Саидмухтор Љалолов мегўяд, дар бархе аз шањру ноњияњои вилоят омилњое њастанд, ки боиси аз тањсил дур мондани хонандагон мегарданд. - Алњол нисбат ба солњои пеш таваљљўњи волидайн ба илмомўзии фарзандњояшон зиёд шудааст ва ѓамхории њукумат низ ба соњаи маориф хеле зиёд ба назар мерасад, ки далели инро метавон њамасола аз маблаѓњои зиёди ба ин соња људокардаи буљаи кишвар арзёб? кард. "ДУХТАР ЧИЮ ХОНДАНАШ ЧЇ?" Аксар волидайн дар рустоњои дурдасти кишвар хондани фарзандњояшон, махсусан, духтаронро дар зинаи савуми тањсил хуш ќабул надоранд. Ба андешаи онњо, барои духтар навиштани ному насаб ва хонда тавонистани он кифоя аст, ки онро метавон то синфи 9 пурра омўхт. Тибќи маълумоти Раёсати маорифи вилоят, дар шањру ноњияњои Кўњистони Мастчоњ 60.5% , Мастчоњ - 61%, Табошар -

Зиндагї худ мактабест, ки барои хатми он саросема шудан нашояд. Эмил КРОТКИЙ

сон аз пайдо шудани њар гуна гапу калочањо гирди номи духтарон дар ин марњила медонанд, ки ин латма барои минбаъда шавњар кардани онњо мегардад. Аксар хонаводањо низ духтарони "хондагї"-ро келин намекунанд. Ин омилњо сабаб мегарданд, ки волидайн хондани духтарњояшонро баъди синфи 9 боздоранд. Ин дар њолест, ки уламои исломї мегўянд, агар дар оила ду фарзанд дошта бошеду имконияти хонондани як нафари онњоро дошта бошед, пас, бояд аввал духтарро хононед, зеро ки ў оянда модар - тарбиятгари насли наврас аст. Ваќте модар босавод аст, албатта, фарзанд њам босавод мешавад ва њам тарбияи хуб мегирад, омадааст дар њадис. ЌОНУНЊОИ НОНАВИШТА Замони Шўравї њам дар баъзан дењоту шањрњо ќонунњои нонавиштае љорї буд, ки тибќи он хондани духтарон дар донишкадањо манъ буд. Агар дар он ваќт духтар аз дењоти дурдаст ба шањр омада мехонд, касе аз љавонписарон бо ў хонадор намешуд. Аммо имрўз дар баробари духтарњо, мутаассифона, писарњоро низ мушоњида кардан мумкин аст, ки аз тањсил дар синфњои болої худдорї мекунанд. Онњо баъди хатми синфи 9 як муддат андармони корњои хољагї мешаванду сипас роњ сўи муњољират мегиранд. Ба назари коршиносони соња, шароити имрўзаи кишвар онњоро

маълумоти миёнаи нопурраро њатмї муайян кардааст. Агар дар ќонун низ гирифтани маълумоти пурраи мактабиро фарз нишон медоданд, хонандагон пурра мактабро мехонанд. Аммо Дилошўб, як нафар, аз таљрибаи хеш мегўяд, имрўз системаи маориф худ дар сатњи зарурї ба роњ монда нашудааст. Дар кишвари њамсояи Ўзбекистон 7-8 соли охир мешавад, ки хонандагон то синфи 9 мехонанду баъдан, дар ягон коллељ тањсил мекунанду соњиби ягон касбу њунар мешаванд. Имрўз дар бисёре аз мактабњои миёнаи мо, ќариб ки, дарси дуруст намешавад ва то синфи 9 талабагон аллакай маълумоти заруриро мегиранд ва чї њољат барои сарфи бењудаи ваќт? Љойи пўшидан њам нест, ки дар мактабњои миёна омўзгорони хуб ангуштшуморанд ва аз омўзгороне, ки дониши кофї надоранд, чиро метавон омўхт? Хуб аст, ки хонандагон баъди хатми мактаб як роњашонро интихоб намоянду пайи коре шаванд. Ин њам бар манфиати худашон ва њам бар манфиати волидайнашон аст ва дар охир, бар манфиати буљаи кишвар. Чунки њамасола аз њисоби буљаи кишвар ба соњаи маориф маблаѓњои зиёде сарф карда мешавад. Афзал БОСОЛИЕВ

ЌАДАМ НИГАРОНЇ

Писари Њукумов "Имрўз NEWS"-ро ба суд кашид Писари Амонуллоњи Њукум Рустам Њукумов аз болои рўзномаи "ИмрўзNews" ва сармуњаррири ин рўзнома Назири Нусрат дар робита бо як матлаб дар бораи ў, ки моњи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шуда буд, ба суд шикоят кардааст. Гуфта мешавад, Рустам Њукумов дар аризаи шикоятиаш 50 њазор сомонї зарари маънавї талаб кардааст.

Матлаби "Боќиев ва Њукумов: фарзандоне, ки "дарди сар"-и падар шуданд" 16-уми октябри соли 2012 чоп шудааст. Бино ба гуфтаи Назири Нусрат, сармуњаррири рўзномаи "ИмрўзNews", дар маќолаи мазкур сухан атрофи писари президенти Ќирѓизистон Ќурмонбек Боќиев меравад, ки тибќи хоњиши Бишкек аз ИМА, маќомоти Вашингтон боздошти ўро аз маќомоти Британияи Кабир талаб намуданд. Баъди боздошт Боќиев бо пардохти љубронпулї рањо шуд. Дар матлаби нашркардаи "ИмрўзNews" ин њодиса ба ќазияи писари Амонулло Њукумов, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон", ки соли 2008 бо гумони нашъаљаллобї боздошт шуд, муќоиса шудааст.

Озодшавии Рустам Њукумов ба ќазияи халабонњои рус рост омад. Ба навиштаи расонањои русї, ахирињоро ба писари мансабдори тољик иваз карданд. Сармуњаррири "ИмрўзNews" мегўяд, дар матлаби мазкур њамин нукта таъкид шудааст: "Рустам Њукумов иддао дорад, ки рўзномаи "ИмрўзNews" ўро дар ин матлаб љинояткори ашаддї номидааст, дар њоле ки дар ин матлаб чунин ибора нест. Гуё бо њамин рўзнома беш аз 10 њазор доллари ИМА зарар расонидааст. Аммо маълум карда нашудааст, ки ин маблаѓро Рустам Њукумов ба куљо сарф кардааст", - мегўяд Назири Нусрат. Фарзона АШЎРМАДОВА, Tojnews


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

7

Дар гузориш њамчунин гуфта мешавад, 1,9 дар сад гуфтаанд љашни Наврўз барояшон муњимтарин њодисаи сол дар Тољикистон буд. 1,3 фоиз азнавсозии Ќасри Арбоб ва 1,2 фоиз шомил шудани Тољикистонро ба "Созмони умумиљањонии тиљорат" ном бурдаанд.

БИДУНИ

F

Т

... бо Фаридун Рањнавард

"Гуруњи 910": Инќилоб намешавад!

"Метарсам, ки агар сабтњо ифшо шаванд, аз њамин љо зинда намебароям" Садњо мошинњо барои гурўњи "Фароз"-у "Тољирон" харида шудаанд ва аз тариќи барномаи "Ахбор"-и ТВТ ба мардуми Тољикистон нишон дода мешудаанд, ки ана марњамат мо дањњову садњо бензовозу контейнеровоз ба Тољикистон овардем, вале ман директори генералии корхона набудам,ки пул гузаронида бошаму онњоро гирам. Дар Душанбе њама шарикони мо медонанд, ки масъалањои пулиро худи Шамсулло Соњибов ва Холов њал мекарданд, на ман. Бубинед, аввал онњо хостанд, ки бо роњи сиёсї маро истирдод кунанд, вале ваќте натавонистанд, пас ин њуљљатњои ќалбакиро равон карданд. Боварї дорам, ки њар њуљљате, ки барои њукуматдорон дар ин масъала зарур шавад, дар як соат онро ташкил мекунанд. Як масъалаи дигарро ањамият дињед, ки ваќте онњо нафареро боздошт кунанд ё бизнесашро гирфитанї мешаванд, дарњол 3 - 4 нафари зидди ўро пайдо мекунанд. - Эњсос мекунед, ки дар соли интихобот истирдоди шумо барин одам масъалаи стратегї аст. Бовар доред, ки шуморо истирдод намекунанд? - Не, иншоаллоњ, наметавонанд ва он овозањое, ки гўё истирдод мекунанд, дурўѓи мањз аст. Бовар дорам, ки дар Дубай дар масъалаи њуљљат ва далел ањамият дода мешавад ва њар њуљљат ќоидаи худашро дорад, лекин дар мо ба ин чизњо ањамият намедињанд. Аз рўи шунидањои мо, дар Дубай тибќи ќонун агар нафаре, ки дар корњои сиёсї даст дошта бошад, истирдод намешавад… Чор минути дигар монд… - Оё дар онљо исбот шуд, ки шумо шахси сиёсї њастед? - Бале. Ваќте љониби Тољикистон њуљљатњояшро пешнињод кард, мо њам аснодеро пешнињод кардем, ки кори сиёсї ва шахси сиёсї будани маро исбот мекунад. Мутаассифона, имрўз хабарнигорони мо имкон надоранд, ки бо инњо кор кунанд ва нашр намоянд. Зеро ки Тољикистон давлати хурд аст ва хабарнигорони мо ба њама чиз дастрасї надоранд. Аммо замоне мерасад, ки ин њамаро мардум мефањманд. - Николай Николаев, вакили дифоъи шумо бо расонањо сўњбат кард, ки гўё дар Дубай раиси Бюрои интерполи Тољикистон ќарор дораду њуљљатњ истирдодро омода мекунад. Дар ин бора чї медонед? - Бале, ман аз њамааш хабар дорам. Ин гапњо њамааш дурўѓ аст, ин њамон гапњои сиёсї аст, чунки онњо бо ин гапњо кўшиш доранд, рўњи одамонро шикананд ва дилсард кунанд. Аммо мо Худо дорем. - Бо шумо касе аз маќомоти Дубай сўњбат кард? Онњо чї мегўянд? - Дар ин љо вакилони ман бо намояндањои СММ ва њуќуќи башар

вохўрињо гузарониданд ва њамаи онњо њам кор карда, тањлил намуданд, ки ин корњо сохта будаанд ва дарк намудаанд, ки дар Тољикистон бо тариќи пораву дигар чизњо њамаи асноди муќобилро љамъ меоваранд. - Бо Шумо касе аз прокуратура ё амнияти Аморати муттањидаи араб вохўрї гузаронд? - Бале, ман бо намояндаи прокуратураи ин љо вохўрдам ва ман њам пурсидам, ки чї гап аст. Ў гуфт, ки мо кор карда истодаем, то бифањмем, ки гунањгор њастед, ё не. Дар доираи ќонун њал мекунем, инчунин гуфт, ки њоло ягон далели овардаи Тољикистон ќабул нашудааст. - Дар интернет сабти аудиои шумо бо домоди президент Шамсулло Соњибов нашр шуд. Боз чунин сабтњо вуљуд доранд? Агар ња, чаро пахш нашуданд? Шумо чизе бад-ин васила мехоњед? - Бале, сабтњо њастанд, лекин дар ин сабтњо гапњои сиёсї ва бисёр хатарнок њастанд. Агар ман онњоро њам ифшо намоям, шояд онњо дигар корњоро низ нисбати ман раво бинанд. Ба њамин хотир, њоло фурсат њаст. Метарсам, ки агар сабтњо ифшо шаванд, аз њамин љо зинда намебароям. - Дар он љо шароитатон чигуна аст? Оё худатон дар куљо буданатонро медонед? - Бале, ман медонам, шароитам њам хуб аст, вале љоямро гуфта наметавонам. - Тибќи ќонунгузории Аморат шумо боз чанд ваќт дар боздоштгоњ нигоњ дошта метавонанд? - Тибќи ќонунњои инљо бояд дар њамин ду њафтаи меомадагї љавоб дињанд, чунки ваќт њам тамом шуд ва дигар далеле њам надоранд, ки маро нигоњ доранд. Аз Худо умед дорам, ки маро ба зудї љавоб медињанду бо фарзандонам мепайвандам. - Ба иттилои мо, кормандони Агентии коррупсияи Тољикистон њам ба Дубай барои корњои Шумо рафтаанд. Хабар доред? - Бигзор биёянд, боз мераванд, чунки дар ин љо њатто намояндаи Интерполи Тољикистонро касе ќабул намекунад, чунки ин корњо дар сатњи дипломатї бояд њал шаванд ва пањлуњои нозуки њуќуќии худашро дорад. Ин корњо бояд дар доираи ќонун њал шавад. Агар ќурбони савдоњои сиёсї шавам, Худо ин ќурбонии моро ќабул кунад. - Шумо ва наздиконатонро ба гаравгонгирї њам гумонбар медонанд... - Худованд аз тўњмат нигоњ дорад, дар масъалаи гаравгонњо умуман хабар надорам ва аќлам намегирад, ки ин гапњоро аз куљо гирифтаанд… Бародар, ваќти ман тамом шуд… …тахминан садои пулис баромад, ки ба арабї чизе мегуфт. Тамоси мо њам ќатъ шуд. Сўњбати Эраљи АМОН

гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

Умаралї Ќувватов:

Натиљаи пурсиши Маркази тадќиќоти сотсиологии "Зеркало"-ро дар бораи "интизорї ва наќшањои мардуми Тољикистон дар соли 2013" хондам. Ба чанд каси дигар њам онро тавсия додам, то хонда фикрашонро бароям нависанд. Дер боз, ростї, нахандида будем ин ќадар... Натиљаи ин пурсишро хонда, кас ба умќи мушкили кадрии Сирки давлатии Тољикистон фурў меравад... Ана, мутахассисон дар куљо нуњуфтаанд, муњтарам љаноби Муљиддинов! Бе инњо ба шумо њатто 14 милион доллари ваъдагии Мирзошоњрух Асрорї, вазири фарњанги Тољикистон њам кумак намекунад. Ќавли тарљумонњои "Билаъйн", ки "ин тавр њоло набуд", рафиќон! Хоњ бовар кунед, хоњ не, дар пурсише, ки аз 14-ум то 25 - уми январи соли љорї Маркази тадќиќоти сотсиологии "Зеркало" баргузор кардааст, аз се ду њисса, ё 68 фоизи мардуми шарифи Тољикистон, гуфтаанд: "соли 2012 барояшон хеле бобарор буд". 23 дар сад гуфтаанд: "соли гузашта соле буд муќаррарї" ва танњо 7 дарсади мардуми мо гуфтаанд, ки "соли 2012 барояшон соли хуб набуд". Аз баёни андешаи шахсї худдорї мекунам, аммо ин раќамњо дар як дидан шинос метофтанд. Гўё ин пурсишро ман пештар куљое хонда бошам. Њамин њоло, ваќти ин матлабро менависам, ба ёдам расид, ки ин раќамњо ба натиљаи расмии интихоботи парлумонии ахир, соли 2010 хеле монанданд: Њизби халќи демократии Тољикистон - 70,6 дар сад, нањзатињо 8,2 ва Коммунистњо 7 дар сад, агар хато накунам, овоз гирифта буданд. Њамчунин агар ба тањќиќоти "Зеркало" бовар кунем, дар ин масъала 68 дар сад бо президент Эмомалї Рањмон ризо шудаанд, ки дар љаласаи љамбастии њукумат 15-уми январи соли љорї соли 2012-ро "соли бобарор" номида буд. Ба ёдатон омад? Ин гўё як навъ паём ба мухолифин ва ислоњотхоњон буд: дар ду соли ахир, чизе таѓйир нахўрдааст, њама аз њукумат розї! Инќилоб - пинќилоб намешавад. Бовар кунед, њарчанд бовар кардан ба ин афсона хеле мушкил аст! Давоми гузориш хандаовартар аст: "Дар пурсиши телефонї респондентонро пурсиданд, ки аз муњимтарин њодисањои соли 2012 ном баранд",-менависад "Зеркало". Ва сегонаи посухњои маъруфтаринро меоранд: 1. 20-солагии истиќлолияти давлатї, 2. Кушодашавии Туннели Шањристон ва 3. Солгарди Иљлосияи 16-уми Шўрои олии Тољикистон". Ба ман як дўстам баъди мутолиаи ин гузориши "Зеркало" саволи оргиналї дод: "Шумо бовар доред, ки ин пурсиш дар њудуди Тољикистон сурат гирифтааст?". Ман фикр мекунам, ин пурсиш дар идораи маќомоти махсуси њукуматї омода шудааст, ё он љо хуб тањрир хўрдааст. "Зеркало" менависад 2 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, муњимтарин њодисаи соли гузашта овозањо дар бораи Охируззамон буд. Камтар аз 1 фоизи иштирокчиёни ин пурсиши сотсиологї гуфтаанд: "муњимтарин њодиса медали олимпии Мавзуна Чориева буд ва њамин миќдори пурсидашудагон сўхтор дар бозори "Корвон"-ро ба ёд овардаанд." Агар мегуфтанд, ин пурсиш дар Маркази беморињои рўњии Вазорати тандурустї баргузор шуда аст, ман бовар мекардам. "Зеркало" њам иќрор шудааст, ки: "Ќайд кардан муњим аст, ки 71 дар сад дар посух додан ба ин савол мушкилї мекашиданд". Аз нафароне, ки ба саволи конкретї љавоб дода наметавонанд, пурсидан чї њољат аст? Шояд бењтар аст ба љойи онњо њукм кард, ки муњимтарин њодисањо њамон њодисањое мебошанд, ки бо ном бурданашон ягон хабамоти махсус ба "Зеркало" фишор намеорад? Ба гумони пурсиши мазкур ба њамин тариќ сурат гирифта бошад. Дар гузориш њамчунин гуфта мешавад, 1,9 дар сад гуфтаанд љашни Наврўз барояшон муњимтарин њодисаи сол дар Тољикистон буд. 1,3 фоиз азнавсозии Ќасри Арбоб ва 1,2 фоиз шомил шудани Тољикистонро ба "Созмони умумиљањонии тиљорат" ном бурдаанд. Фикр мекунї, дар пурсиш фаќат мушовирони Эмомалї Рањмон иштирок карда бошанд. Ё фаќат мансабдорони тољик, ба њамин дараља посухи иштирокчиёни ин пурсиш сиёсї аст. Дар ин пурсиш, ки бинобар иддаои "Зеркало", дар он 910 нафар - намояндагони тамоми минотиќи навоњии тобеи марказ иштирок доштаанд ва аксарият чорабинињои сиёсиро муњимтарин њаводиси сол барои Тољикистон меноманд, касе барои мисол, аз амалиёти махсуси маќомоти ќудратї дар Бадахшон, ки моњњо давом карда, тамоми мардуми кишварро тањти изтиробу тањлука нигоњ медошт, ёд накардааст. Саволи риторикї: Чаро?! Дарвоќеъ, гуруње, ки (агар чунин пурсиш воќеан сурат гирифта бошад) 71 фоизаш намедонад, муњимтарин њаводиси сол барои ватанаш чї буд, шояд њатто надонад, ки савол чї маънї дорад, оё сазовор аст, ки бо саволњои дигар мурољиат шавад? Ногуфта аз ин ки оё чунин гуруњро муаллифони тањќиќот њуќуќи "мардуми Тољикистон" номидан доранд? Намедонам, оё мехоњед донед, ки ин гуруњ дар соли љорї чи наќшањо доранд, ё не. Ба њар њол барои маълумот шояд зарур шавад. Сегонаи маъруфтарини посухњо ба савол дар соли наќшањо дар 2013: 28,2 фоиз гуфтаанд мехоњанд тўй кунанд (тўйи фарзандон, ё оиладорї), 22,9 фоиз гуфтаанд, наќша доранд, ки хона созанд ё бихаранд. 21, 7 фоиз гуфтаанд, мехоњанд хонаашонро таъмир кунанд ва танњо 11,8 фоиз гуфтаанд, мехоњанд ба муњољирати корї ба Русия раванд. 8,7 фоизи "мардуми Тољикистон" ба ин савол гуфтаанд, мехоњанд мошин харанд. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, занњо аксаран мехостаанд тўю таъмир ё кўдаконро ба мактаб омода кунанд, мардњо дар фикри харидани мошину хонаанд. 1 фоизи "сокинони Тољикистон" истироњатро дар хориљи кишвар ба наќша гирифтаанд, менависад "Зеркало". Гузоришгарон менависанд: "дар умум сокинони Тољикистон" ба соли 2013 хушбинанд. Бинобар гуфтаи 63 дар сади пурсидашудагон, соли љорї, соли бобарор хоњад буд. Њамагї 2 фоиз гуфтаанд, соли душворе дар пеш аст ва 29 дар сад дар посух ба ин савол мушкилї кашидаанд." Дар бораи шароити воќеии мардуми Тољикистон, ки чанд фоиз њадди аќал, ба барќи доимї, ба оби нўшокї, оби гарм дар пойтахти мамлакат дастрасї надоранд, чї расад ба хонаву манзил ё мошини нав харидан, ё дар хусуси он ки чанд фисади мо воќеан на наќша мекашем, балки маљбурем, аз касбу кор, ихтисос ва љойи кори дўстдошта даст кашем, то ба Русия ба њаммолї равем..., њарф задан, майдони васеътареро мехоњад. Аммо оё ба чунин афсонабофї ва ба чашмњо хокпошї ваќту пул сарф кардан оё лозим аст?

i Матлаби ин

Дар нишасти матбуотии таќвимии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза зидди коррупсия, ки чанд рўз пеш баргузор шуд, роњбари Агентї Фаттоњ Саидов дар љамъи рўзноманигорон гуфт, ки агентї алайњи Умаралї Ќувватов ва писари амакаш Гадоев Шароф соли гузашта парванда боз карда буд. Ў гуфт, "бисёр њодисањое њастанд, ки њоло шумо - рўзноманигорон намедонед ва барои њамин саросема нашавед, тоќат кунед, ваќте мо ўро биёрем, њамаашро мефањмед. Ќувватов шањрвандони Чин ва Афѓонистонро фиреб карда, њатто чанд нафарро "гаравгон" гирифтааст". Фаттоњ Саидов дар ин бора замоне сўњбат кард, ки Умаралї Ќувватов, роњбари "Гурўњи 24" аз 24-уми декабри соли гузашта ба ин сў дар боздоштгоњи Дубайи Аморати муттањидаи араб ќарор дораду маќомоти Тољикистон кўшиши ба кишвар истирдод кардани ўро доранд. Ба хабарнигори "Нигоњ" муяссар шуд, ки тавассути њамсари Умаралї Ќувватов ва имконоти Скайп ба "мањбуси Дубай" чанд суол дињад: - Љаноби Ќувватов, чї њол доред ва вазъатон чї тур аст? - Шукр, ањволам хуб аст. Вазъи кунунї њам бад нест. Бубахшед, ки ман њамагї 10 даќиќа бо шумо гап зада метавонам, њар суол доред, метавонед дињед. - Маќомоти Аморот ба шумо айб эълон карданд? Ќазияи боздоштатон њал нашудааст? - Тибќи ќонунњои Аморат, ман бояд дар боздоштгоњ 40 рўз бошам ва дар њолати истисної боз 15 рўзи дигар хоњам монд. Дар мавриди ман агар асноди зарурї љамъ нашавад, бояд маро љавоб дињанд. - Сарусадоњо њаст, ки шуморо ба Тољикистон интиќол медињанд. Оё хабар доред, ки он љо чї гап аст, шуморо истирдод мекунанд? - Овозањо буданд ва мешаванд. Аз тарафи њукумати Тољикистон њам одам омада буд, ки њуљљатњои заруриро пешнињод намоянд, то маро истирдод кунанд, вале љониби Аморот инро ќабул накарданд, чунки дар ин љо њам фањмиданд, ки маќомоти Тољикистон асноди даќиќ надорад. Њуќуќшиносон ба љониби Аморот далел оварданд, дар Тољикистон асноди ѓайриќонунї месозанд ва ба ин ањамият бояд дод. Дар њаќиќат њам ин кор шуд. Ваќте маро боздошт намуданд, дар давоми се рўз љониби Тољикистон бастаи њуљљатњое ирсол кард, лекин ѓайриќонунї, чунки ин њуљљатњо бояд бо роњи дипломатї пешнињод мешудаанд. Дар Тољикистон ба ин ањамият надодаанд ва инњо њам ќабул накарданд. Онњо ваќте њуљљатњоро оварданд, як гапро гуфта буданд, лекин баъде, ки дар Аморат фањмиданд, ки мо оппозитсияи сиёсї њастем ва диданд, ки аз кишвари мо барои ман 10 намуди гунањгорї муайян кардаанд, ба инобат нагирифтанд. Ваќте инро дар Душанбе фањмиданд, як гурўњро равон карданд, аммо дар Аморати муттањидаи араб ба гапњои онњо гўш надоданд ва диданд, ки корњояшон ба дард нахўрд ва гапашонро касе гўш намекунад. - Шуморо дар авбошї ва ќаллобї гунањкор мекунанд. Ин кор то куљо даќиќ аст? - Он гапњо, ки маро бо авбошї муттањам мекунанд ва гўё ман 6 миллионро гирифта бошам, сињат надоранд. Њуљљатњо њамагї ќалбакианд ва љониби Аморат њам фањмид, ки ин сохтакорї аст, аз ин хотир, ќабул накард. Бо ин роњ корро њал карда натавонистанд ва иншоаллоњ, наметавонанд. Ман њиљ гоњ авбош ва ќаллоб набудам ва нахоњам шуд. Ман марди мусулмон њастам. - Дар љавоб ба иттињомоти 6 миллион сомонї, бо роњи ќочоќ ворид кардани мошинњо ва гирифтани гаравгону дигар чизњо чї мегўед? Шумо аз куљо фањмидед, ки љониби Аморат далелњои љониби Тољикистонро ќабул накард? - Њар соњибкори бузурги тољикро ба ин иттињомот мешавад гунањкор кард, хоса агар њукумат хоњад. Ман бо боварии комил мегўям ва дар њар суди мустаќили љањонї исбот њам мекунам, ки дар њар се ин маврид њам далелњояшон сохтакорї аст.


8

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

...Ман наметавонам бовар кунам, ки Абдуќаюмеро, ки њамсабаќу њамтабаќ ва њаммаслаку њаммароми Ту будааст ва на як солу дањ сол, чунин беќадрї кунанду Ту ба он розї бошї.

Радиои "Озодї", ки моли Конгресси Иёлоти Муттањидаи Амрикост, гузоришњои Абдуќаюми Ќаюмзод, хабарнигори собиќадори худро манъ карда, онро ба сабт нашудан дар Вазорати корњои хориљии Тољикистон рабт дод. Аммо њамоно маълум нест, ки "Озодї" ва Конгресси ИМА аз ин хабарнигори машњурашон њифз карда натавонистанд, ё нахост? Ин яке аз интригањои чанд моњи ахир аст, ки наќши ин расона дар муњити иттилоотии Тољикистонро боз карда, муњити корї ва шеваи роњбарї дар онро фош менамоянд. Њамчунин, ин ќазия ишорањои љиддие ба муносиботи Њукумати Тољикистон бо ИМА дар арафаи интихоботњои президентиро мекунад...

Шеваи аљиби баёния Дар баёнияи "Озодї", ки 23-юми январи соли љорї дар торнамои он нашр шуд, омада, ки роњбарияти расона хабарнигори собиќадор Абдуќаюми Ќаюмзодро аз гузориш додан манъ кард, чунки Вазорати хориљии Тољикистон дархости маъмулї барои сабти номи ў ё аккредетатсияшро ба њайси рўзноманигори хориљї рад кардааст. Ин њам дар њоле, ки њанўз, таќрибан, як сол пеш, 25-уми феврал соли 2012 мўњлати сабти ном ё аккредитасияи Абдуќаюми Ќаюмзод ба охир расида буд. Вазорати корњои хориљии Тољикистон барои се моњ ин мўњлатро тамдид кард, аммо то охири моњи декабр Ќаюмзод дар радиои Озодї гузориш медод. Вале аљиб худи шеваи баёния буд. Дар он гуфта мешуд, ки "сомонаи "Озодї" ба забони тољикї http:// www.ozodi.org/ рўзи 18-уми январ масдуд шуда, баъд аз 4 рўз дубора боз шуд, вале фарзияи русии ин сомона http://rus.ozodi.org/ њамчунон масдуд боќї мемонад. Маќомот масдуд шудани сайти озодї.оргро ба "мушкилоти фаннї" рабт додаанд, вале Азия-Плюс гузориш додааст, ки ин иќдом аз сўи маќомоти Тољикис тон њамоњанг шудааст". Яъне бањси сабти номи Ќаюмзод дар пасманзари масдуд шудани сомонаи "Озодї" пахш шуд, ки то ин дам назир надошт. Бар замми ин, аз он бармеомад, ки ќазияи журналист аллакай њал шудааст. Табиист, ки ин гуна мавзеъгирии роњбарияти расонаи муњимтарини Конгресси ИМА дар доирањои журналистиву коршиносї суоле ба вуљуд овард: Наход, ИМА бо ин њама иќтидор ва мавзеъгирињо дар баробари озодии баён дар саросари љањон сабти ном нашудани як хабарнигорашро тањаммул кунад, ё "зери коса нимкосаест"?

Аккредитатсия, ё абзори сонсур? Бояд гуфт, ки тибќи расмиёти маъмул, дар саросари љањон хабарнигорони расонањои хориљї барои кор дар њудуди ин ё он кишвар сабти ном мешаванд. Дар Тољикистон низ ин гуна расмиёт пешбинї шудааст в а онро Вазорати корњ ои хориљї (ВКХ)-и Тољикистон дар асоси низомнома амалї мегардонад. Аммо ин абзор боре њам дар таърихи 20 соли истиќлолият ин ќадар

Адвокати маъруф Файзинисо Воњидова низ бо хитобае ба роњбари радиои Озодї мурољиат кард: "Имрўз тамоми љомеа медонад, ки фаъолияти журналистии ўро дар дохили кишвар бе ягон асос тамдид накарданд, ва магар таќдири як кормандатон в а жу рналисти маъруфи РО Шуморо озурда накард? Ё барои радиои Озодї тайёр кардани як кадр мисли Абдуќаюми Ќаюмзод њеч мушкилие надорад? Шумо дар х отир доред, ваќте ки як рўзноманигори ВВСро њабс карданд, ВВС то президенти кишвар расид ва натиљае њам ба даст овард. Дар Лондон кормандони ВВС ба кўча баромаданд, Шумо чї коре кардед бањри њифзи њуќуќ ва манфиатњои кормандатон? Магар Шумо Ќаюмзоди дигарро дар ин наздикињо дарёфт хоњед кард?" Ин се иќтибос ва дањњо нигоштањои дигар муњити корї ва усулњои роњбариро дар "Озодї" фош карда, то љое собит намуданд, ки бањси сабти номи Ќаюмзод сабабу омилњои гуногун доштааст. Вале пушти ин бањс боз чї ва ё кињо меистанд?

БАРАНДАИ ЉОИЗАИ «ЖУРНАЛИСТИ СОЛ» ДАР «ЧЕЊРАЊОИ МАРДУМЇ-2012»-И «НИГОЊ»

Пушти даъво кї меистад: ВКХ, КДАМ? Боз кї? Новобаста ба он ки муњити кории "Озодї" чї сифоте дораду он то кадом дараља ба манъи гузоришдињии Абдуќаюми Ќаюмзод оварда расонд, бояд маълум кард, ки чаро ВКХ сабабњои сабти ном накардани Абдуќаюми Ќаюмзодро шарњ додан намехоњад? Шояд, ин тасмим ташаббуси ВКХ нест?

Бањси Ќаюмзод "Озодї" хабарнигорашро њифз накард, ё нахост? валвала наандохта буд. Чаро? Зеро бар хилофи анъанаи љорї ва низомномаи ВКХ Тољикистон масъулини вазорат сабаби сабти ном накардани Каюмзодро шарњ додан нахостанд. Давлат Назрї, сухангўйи ин вазорат мегўяд, ки "сабабњои сабти ном шудан, ё нашуданро ин нињоди масъул шарњ намедињад". Як манбаи огоњ аз ин вазорат ба "Нигоњ" гуфт, ки Сољидаи Мирзо ва Абдуќаюми Ќаюмзод медонанд, ки барои чї чунин иттифоќ афтодааст. Абдуќаюми Ќаюмзод мегўяд, "сабабаш фаъолиятњои касбии банда аст, на чизи дигар. Тибќи ќонунгузорї бояд худи масъулони њукумат онро шарњ дињанд". Дар њоле, ки масъулин хомўшї ихтиёр кардаанд, бояд гуфт, ки истифода аз сабти ном ба њайси абзори фишор ба ин ё он журналист аз сўи масъулини ВКХ зиёд истифода мешавад, ки поёнтар мисолњояшро меорем. Аммо њоло бояд маълум кард, ки магар шеваи баёния ишорањое ба бањси дохилиродиёї будани ќазияи Ќаюмзод намекунанд?

Бањси беруна, ё дохили родиё? Агар гўем, ки пахши ин баёния муњити журналистии Тољикистонро тарконд, иштибоњ нахоњад буд, њарчанд сухан, аслан, аз таќдири як хабарнигор ва он њам гузоришгари расонаи хориљї меравад. Садњо нигошта рўи расонањову шабакањои иљтимої бо зикри номи Сољидаи Мирзо мудири бахши тољикии радио буд, ки асосан аз шеваи роњбарии ў дар ин нињод њикоят мекарданд. Вокуниши Азизи Хошок, фаъоли сиёсї ва сармуњаррири нашрияи

"Њамватан" (Русия) намунаи барљастае буд. Ў дар шабакаи иљтимоии Фейсбук "Озодї"-ро "канали њукуматї" хонда, аз шеваи роњбарии Сољидаи Мирзо шадидан интиќод кард. Азизи Хошок "гусел кардан"-и Сайёфи Мизроб ва Рањматкарими Давлатро ба ў рабт дода, навишт: "Њоло наќши устод Абдуќаюми Ќаюмзодро аз деворњои "Озодї" метарошанду мепартоянд, зеро ки вай бо матолиби љолибу хондании худ ба дилу дидањои мардум љой шудааст ва мардум хеле ва хеле интизори матолиби нав ишатааш мебошанд. Охир, навиштањои њамин бачањакои гуфтагии банда баёнгари озодии сухан дар мамлакати "демукросї"-и мо мебошанд. Магар оинномаи ин радио мамлув аз њарзањои озодии баёну вичдон нест? Магар матолиби гуфтаи ин хабарнигорон бо маќосиди идора носозгоранд, не онњо аз њукумати феълї каме интиќод мекунанд, на њамаи камбудињои бешумори њ укуматдоронро мегўянд, вале аз чї бошад, ки ин ба Шумо, хўљаинњои Радиои "Озодї" намефорад. Журналистњои навоњии Рашту Бадахшону Зарафшону Алмаатову Бишкеку Маскаву ѓайра бо пойи ќадами мубораки хоњари азиз ва дўсти гаронмояи ман - Сољидаи муборизи алайњи њукумати ваќтњои мозии Тољикистон аз хабаргўї монданд, шояд, онњо њаќиќатро гуфтанд, ки забон ва дањони нонхўри фарзандонашонро бастед. Магар шумо, "Хўљаинњо" мањз надоред андеша кунед, ки њамин хабарнигорњо бо умед солњо тањсил кардаанд, мањорат касб кардаанд, солњои сол таљриба андўхтаву мавриди эњтирому эътирофи мардуми шарифу наљиби Тољикистон шудаанд ва бо

"Вавилон-Т" тарабхонаи "Стейк хаус" ва "Хайят рељенси Душанбе"

умеде кор мекунанд, солњои зиёд азият кашидаанд, то обру касб кардаанд ва аз љониби дигар чанд нафар нонхўр доранд, мисли њамаи шумо, "Хўљаинњо"-и мўњтарам. Магар барои њукумати љонољонамон беш аз 10 шабакањои мухталифи ватании радиову телевизион нокифоя аст, ки аз "муваффаќиятњо" љор зананд, ки боз "Озодї" њам дар хизмати вузарову кубарои њукумат гузаштааст? Дар ин авохир худи Љаноби Олї аз "Озодї" бештар вазирону раисони њукумат ва давлатмардони давру варашро танќид меку над ва гўшмол медињад. Озодї бошад, аз комёбињои онњо сифот мекунад, гўё як канали њукуматї бошад! ...Ман наметавонам бовар кунам, ки Абдуќаюмеро, ки њамсабаќу њамтабаќ ва њаммаслаку њаммароми Ту будааст ва на як солу дањ сол, чунин беќадрї кунанду Ту ба он розї бошї. Агар чунин аст ва ба хотири он ки Ту ба Њукумат форї, вой бар мо! Абдуќаюму Мирзонабї ба тарафи 60 ќадам мезананд, ва Туи хоњари азизу нозанинам, низ дигар љавон намешавї". Дар њошияи ин хитобнома ба Сољидаи Мирзо Абдулќодир Алавї шоир ва донишманди тољики муќими Маскав дидгоњи худро, инчунин, иброз дошт: "Ба навиштањои устоди гиромї Азизхўља илова карданї њастам, ки ман њам як ногуфтание то ба имрўз доштам, вале аз чї бошад, то ба имрўз онро ифшо накардаам! Вале бо хондани ин матлаби Шумо дигар ором мондан натавонистам ва ин чанд сатрро мехоњам рўи ин сафња бинигорам. Дўсти гиромии ман марњум Мањмадрањими Сайдар низ аз дасти ин хоњари дилнавози Шумо дар нолон буданд".

Як манбаи огоњи "Нигоњ" гуфт, ки бо пайдо шудани мушкили сабти ном Абдуќаюми Ќаюмзод ба вазорат мурољиат кардааст ва дар он љо мушкили ўро ба Кумитаи давлатии амнияти миллї рабт додаанд. Вале Саймуъмин Ятимов, раиси ин Кумита, журналистро ба ќабул пазируфта, итминон додааст, ки ин нињод рабте ба мушкили сабти номи ў надорад. Њарчанд масъулини "Озодї" ва худи Ќаюмзод ин масъаларо шарњ додан намех оњанд, аммо дар муњити коршиносї ва журналистии Тољикистон, таќрибан, њеч кас шубња надорад, ки дур кардани хабарнигорон ќарори муштараки нињодњои марбутаи Тољикистон асту Вазорати корњои хориљии Тољикистон иљрокунандаи ин ќарор мебошад. Шояд, хонандагоне пурсанд, ки чаро мањз Ќаюмзод?

Абдуќаюми Ќаюмзод кист? Ќаюмзод аз соли 2001 ба ин сў хабарнигори радиои Озодї дар Душанбе мебошад. Баъди хатми Донишгоњи омўзгории Душанбе як сол дар мактаб ба њайси муаллим фаъолият карда, сипас, ба сифати хабарнигор дар нашрияњои "Љумњурият", "Њафтганљ" ва "Чароѓи рўз" кор кардааст. Барандаи Љоизаи байналмилалии ба номи Њелман-Њаммет дар соли 1995 мебошад. Ў дар солњои 2011 ва 2012 аз љониби нашрияњои мустаќили "Миллат", "Фараж" ва "Нигоњ" "Журналисти сол" эълон шудааст. Худи Сољидаи Мирзо Ќаюмзодро "чемпиони љоизањо" медонад. Соли 2011 дар дар рўзи садсолагии матбуоти тољик Абдуќаюми Ќаюмзод бо Љоизаи Лоњутї сарфа-


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

9

Мо њамкори худро танњ намегузорем ва барои њалли ќазияи ў аз њама роњњои ќонунї истифода мекунем." Дар њар сурат, интизор бояд, ки ќазия ба чї меанљомад: Ќаюмзодро ба Прага даъват мекунанд, ё шояд шароите дар Маскав ва Бишкек пешнињод мекунанд.

роз шуд. Бахшида ба ин рўзи таърихї Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, бо намояндагони ВАО мулоќоти рў ба рў дошт. Зимни ин дидори роњбари давлат мебоист барандагони Љоизаи Лоњутї низ расман ќадрдонї мешуданд. Аммо, бо далели дар рўйхати љоизагирандагон номи Ќаюмзод будан, ин кор сурат нагирифт. Он замон масъулини њукумат аз Акбари Саттор, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон талаб мекунад, ки исми Абдуќаюми Ќаюмзодро аз рўйхати барандагони Љоизаи Лоњутї гиранд, дар он сурат ба барандагон љоизаро Эмомалї Рањмон таќдим хоњад кард. Аммо раёсати ИЖТ ба ин розигї надод. Он замон љониби њукумат далел овард, ки Љоизаи Лоњутї танњо барои хабарнигорони расонањои дохилї аст ва президент њам бояд ки ба барандагони дохил инро таќдим кунад, на ба масъулини расонањои хориљї. Вале ин танњо интрига бо кадрњои "Озодї" нест.

Интригањои "Озодї" Ќазияи Сайёфи Мизроб ва Холиќи Сангин, собиќ хабарнигорони радиои Озодї, дар гузашта яке аз хабарњои сархати расонањо буд. Бањси ин ду хабарнигор то пушти дари судњо рафт, вале бенатиља монд. Абдуфаттоњ Шафиев, ки муњаррири сомонаи радиои Озодї буд, бо далели фишорњо соли 2010 аз кор рафт. Мунаввари Мунавварзод, ки солњои 2008 -2009 бо маоши камтарин дар таърихи ахири ин радио 400 доллар кор мекард, баъди ифшои камбудињои грамматикї дар маводњо ва ислоњи матлабњои хабарнигорони љавон бо Сољидаи Мирзо "рост нагирифт".

Ў мегўяд: "Баъди ин нома Сољидаи Мирзо ва баъзе аз хабарнигорони тими Прага зидди ман шуданд ва маро аз кор љавоб доданд. Ман навишта будам, ки њамаи хабару гузоришњои радиоро бахши душанбегї омода мекунад. Агар мушкилоти молї доред ва инро доим болои бахши душанбегї бор мекунед, њамон 8 нафар хабарнигоре, ки дар Прага доред, ихтисор кунед 4 нафарашро, ба Тољикистон фиристед. Ба љойи маоши дар Прага мегирифтаи онњо, дар њамаи ноњияњои Тољикистон хабарнигор гиред ва маошашон њам мерасад. Чун онњо он љо мешинанд, аз Душанбе гузориш мекунанд ва гўё Тољикистон барои зисти онњо минтаќаи доѓ аст. Њол он ки ин тавр нест, мавзуъњои вазнин ва муњимро бахши душанбегињо бо маоши ночиз мекунанд, дар муќоиса бо маоши хабарнигорони Прага. Радиои Озодї солона барои як хабарнигори Прага танњо барои хонаводањояшон иљорапулї, тањсили фарзандони онњо ва будубош 400 њазор доллар сарф мекунад. Барои як хабарнигор беш аз 60 њазор доллар дар як сол сарф мекунад, ки салоњ нест". Сафаргул Олимї, ки зиёда аз 10 сол хабарнигори ин радио буд, соли 2012 аз тарафи Сољидаи Мирзо аз кор озод шуд. Њатто шартномаи ўро њам хонуми Мирзо бо вай имзо накард. Сафарагул Олимї мегўяд, ки ваќте аз "Садои Душанбе " аз кор рафта будам, ба ман њисобї карданд, аммо "Озодї" накард. Аз ин рў, барои ин ба суд мурољиат карданиам. Гулнораи Равшан, хабарнигори бахши ўзбакии радиои Озодї дар Тољикистон сабти ном нашуд. Вале бо ин њама шикасту рехтњо "Озодї" дар муњити расонаии Тољикистон наќши боризе дорад.

тарин будља миёни расонањои мустаќил мебошад. Мањз њамин нукта боис шудааст, ки коршиносон фаъолиятњои Озодиро бархилофи Консепсияи амнияти иттилотии Тољикистон маънидод кунанд. Маоши баланд, мактабдорї ва имкони рушди касбї аксарияти журналистони муваффаќи тољикро ба Озодї мебарад.

Шањду асали Озодї Воќеъият ин аст, ки имрўз ва ба гумони љолиб барои чанд соли дигар њам Озодї калонтарин маош ва имтиёзњоеро барои журналистони тољик пешнињод мекунад. Маоши камтарин дар дар дафтари душанбегии Озодї 700-800 доллари ИМА буда, фаъолтарон ва масъулон то 1,7-1,8 њазор доллар музди мењнат мегиранд. Дар шањри Прага, ки дафтари марказии бахши тољикї љойгир аст, маош ва имтиёзњои як корманд 8-10 њазор долларро ташкил медињад ва мањз њамин нукта роњбари ин бахшро ба яке аз чењрањои калидии муњити раоснаї табдил додааст. Пањлўи дигари корманди Озодї будан, ин мунтазам мазаммати "хизматгори хољањои хориљї" шунидан аст. Њамчунин, ки кормандони собиќи Озодиро дар нињодњо ва расонањои њукуматї ба кор намегиранд. Ин аст, ки масъалаи ба љойи кор таъмин шудани Ќаюмзод барои ў ва ањли оилааш шояд аз муњимтарин вазифањост.

"Озодї" хабарнигорашро њифз накард, ё нахост? Ба андешаи инљониб, дар ќазияи Абдуќаюми Ќаюмзод муњимтарин суол ин аст, ки Озодї аз хабарнигораш њифз накард, ё на-

АБДУЌАЮМИ ЌАЮМЗОД БО ГЕНЕРАЛ САИДАМИР ЗУЊУРОВ Соли 2011 радиои Озодї бо далели камбуди молї хабарнигорони минтаќавии худро кам кард. Мањмуди Шодиро дар Рашт, Мирзољалоли Шоњљамолро дар Бадахшон, ду хабарнигорро дар Суѓд бо шумули Ќамари Ањрор аз кор озод кард. Њарамгули Ќодир бо "айби" он, ки дар соли 2010 аз визафурўшињои дипломатњо дар бозорњои Афѓонистон гузориш дод, аз кор ронда шуд Ў бо пешнињоди радиои Озодї, ки бояд тибќи он ба њайси корманди озод ё фрилансер кор мекард, розї нашуд. Соли 2012 Рањматкарими Давлат, яке аз хабарнигорони собиќадор ва муваффаќи ин радио, дар пайи фишорњои Сољидаи Мирзо аз кор рафт. Њарчанд ки рухсатии бемўњлат ва бемаош рафтааст, аммо то њол барнагаштааст. Ќарордод бо Зулфиќори Исмоилиён, ки то соли 2013 буд, соли 2012 бекор шуд. Исмоилиён унвонии президенти радиои Озодї нома навишт ва хостори ислоњот ва истифодаи дурусти маблаѓњои Конгресси ИМА дар бахши тољикї шуда буд.

Наќши Озодї дар муњити расонаии Тољикистон Родиои Озодї, ки баъд аз кўшишхои зиёд њам рўи мављњои кутоњ ё FM дар Тољикистон роњ наёфт, њоло рўи мављњои дароз барои як теъдоди номаълуми шунавандагон пахш мешавад. Дар ду соли ахир модели рушди он таѓйир хўрда, кор асосан рўи пойгоњи интернетияш меравад. Бахши тољикии он асосан аз молњои техникиву технологии бахшњои дигари он истифода бурда, шабонарузї то 6 њазор истифодабаранда дорад, вале ба ин нигоњ накарда, дар муњити иттилооти Тољикистон наќши хеле муњим дорад. Истифодаи зиёди мавод, мавзуъњо ва шеваи пешнињоди матолиб аз сўи хеле аз расонањои чопии Тољикистон, ки бахшњои хабарсозї надоранд, Озодиро дар муњити тољикї рас онаи муњ им кардааст. Агар гўем, ки Озодї яке аз таъинкунандагони муњити иттилотии Тољикистон аст, хато намекунем. Будљаи бахши тољикии он солона наздик ба 1,6 млн.доллари ИМА буда, калон-

хост? Бо мутолиаи ин матлаб њар хонанда албатта хулосае бардоштааст, вале мусаллам аст, ки ба ин суол худи Абдуќайюми Ќаюмзод ва Сољидаи Мирзо даќиќан љавоб гуфта метавонанд. Аммо бо чунин ранг гирифтани кор, кї ба самимї будани онњо бовар мекунад? Њар ду аз ин ќазия манфиатдоранд. Ва намешавад ба Сољидаи Мирзо бовар накард, ки мегўяд: "Мо бо хонум Файзинисо Воњидова дар тамос њастем ва барои њалли ќазияи њамкорї мо Абдуќаюми Ќаюмзод аз ў машварат мегирем. Мо њамкори худро танњ намегузорем ва барои њалли ќазияи ў аз њама роњњои ќонунї истифода мекунем." Дар њар сурат, интизор бояд, ки ќазия ба чї меанљомад: Ќаюмзодро ба Прага даъват мекунанд, ё шояд шароите дар Маскав ва Бишкек пешнињод мекунанд. Дар њар сурат, ин ќазия бањонаи хубе шуд, барои бознигарии арзишњо дар муњити журналистии Тољикистон. «НИГОЊ»

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

Талбак Назаров Шогирдонаш ўро "падари дипломатияи тољик" меноманд, њарчанд дар њељ мактаби дипломатї тањсил накардааст ва муваффаќиятњои беназире њам дар таъмини сиёсатњои хориљї ва њифзи давлатдории миллии тољикон надоштааст. Бе таљрибаи кори дипломатї тавонист муддати 12 сол Вазорати корњои хориљии кишварро сарварї кунад. Чун иќтисодшинос рисолаи илмї њимоя кардаву доктори илм шудааст ва дар њамин соња то ба њадди академикї расидааст. Талбак Назаров њафтоду панљ сол пеш (3-юми марти соли 1938) дар ноњияи Данѓара дида ба олам кушод. Худи ў мегўяд, дар як дењаи ноњияи Кангурти собиќ вилояти Кўлоб ба дунё омадааст ва ин дења њоло зери оби обанбори Норак мондаву аз он нишоне нест. Дар кўдакї аввал аз модар ва сипас, аз падар људо шудааст. Иддаои он касонеро рад мекунад, ки мегўянд, Назаров дар хонаи бачагон ба воя расидааст. Балки дар мактабе тањсил кардааст, ки ятимон њам мехонданд. Соли 1960 Донишкадаи молиявїиќтисодии Ленинград ва соли 1966 аспирантураро дар Донишгоњи давлатии иќтисодии Санкт-Петербург хатм намуд. Доктори илмњои иќтисодї, профессор, академики Академияи фанњои Тољикистон мебошад. Чанд сол пеш дар сўњбат бо журналист Искандари Фирўз наќли хотирнишине аз рўзгори донишљўии худ мекунад. Баъди хатми синфи 7 ба шањри он замонаи Сталинобод омад ва дар назди омўзишгоњи молия ва ќарз бо шахсе вохўрд, ки аз ў пурсид: мехоњад тањсил кунад ё на? Ва чун ба аснодаш нигаристааст, дидааст, ки шањодатнома пур аз бањои панљ аст. Њамин сабаб шудааст, ки ўро ќабул кардаанд ва баъди анљоми соли сеюми тањсил пешнињод кардаанд, ки метавонад бо ин донише, ки дорад, ба мактаби олї дохил шавад. Њатто гуфтанд, метавонад дар Душанбе бимонад ва ё ба Тошканд ё Ленинград равад. Ва ў Ленинградро ќабул кард. Ва мегўяд, њарчанд пули тањсил дар љайб надошт, вале љуръат кард, ки ояндаи худро муайян созад. Билохира, рафт ба Ленинград. Аз бепулї натавонист тўли панљ соли тањсил аќаллан боре ба ватан ояд. Моњњои таътил гоњ китињои фарсудаи соњили Неваро рангубор мекард ва гоњи дигар азхудкунии заминњои навкорами Ќазоќистон мерафт ва боз машѓули таъмири техникаи кишоварзї мешуд. Ва инњо сабаб шуданд, ки вай сари фармони комбайни ѓалладарав нишаст. Мегўяд, ки њатто нишони аълочии Кумитаи марказии Комсомолро њам соњиб шуд. Баъди хатми донишгоњ ба ватан баргашт. Солњои 1960-1980 ассисент, омўзгори калон, љонишини декан, мудири кафедра, декани факултаи иќтисодї, ноиби ректор оид ба тањсилоти шабонаи Донишгоњи давлатии Тољикистон буд. Аз соли 1982 то 1988 ректори ДДТ буд. Солњои 1986-88 - Раиси Шўрои Олии Љумњурии Сотсиалистии Тољикистон, муддате љонишини аввали раиси Шўрои вазирони ЉССТ ва раиси Госплани Тољикистон буд. Аз соли 1991 то 1994 ноиби президенти Академияи фанњои Тољикистон, аз моњи декабри соли 1994 роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон буд. Вале дар ин вазифа њамагї 28 рўз кор кард. Зеро 28 декабри њамон сол вазири корњои хориљии Тољикистон таъин гардид. Дар ин вазифа то 30 ноябри соли 2006 кор кард. Бо ордени "Шараф" мукофотонида шудааст. Барандаи Љоизаи ба номи Ибни Сино дар соли 2003 аст. Соли 1996 сарвари њайати гуфтушуниди давлат бо мухолифон таъин гардид ва њоло ифтихор мекунад, ки миссияи ў оќибат Тољикистонро ба сулњ овард. Ва мегўяд, аз вазифаи вазирї бо хости худ истеъфо додааст. Дар синни ќариб 70-солагї дигар неруи он надошт, ки дар чунин як курсии масъулиятнок биншинад. Аз сўи дигар, кори бидуни рухсатї басо хаста карда буд

ва саломатии худро низ тадриљан аз даст медод, нури чашмонаш хира мешуданд ва мегуфт, акнун бояд табобат кунад. Ва баъди истеъфо чашмонашро дар Чин љарроњї намуд. Ва инак, чанд иќтибос аз сўњбати ёдшудаи ў: "Ман њељ ваќт мошин надоштам. Аммо ваќте ба нафаќа мерафтам, Президент бароям мошин тўњфа кард, ки барои ин ба ў ташаккури зиёд мегўям. Шуморо бовар мекунонам, ки ин кадом як мошини боњашаммати "Мерседес" нест, балки як "Хюндай"-и маъмулист. Вале дар ин синну сол барои ман мошин лозим аст, зеро бештар зарур меояд ба бемористон равам, саргарми корњои дигарам бошам, чун мошини хидматиро одат надорам ба корњои шахсии хеш истифода барам, бахусус, рўзњои истироњат. Њатто шиносњоям тааљљуб мекунанд, ки њамсари ман пойи пиёда аз бозор бармегардад..." "Хонае, ки њоло истиќомат дорам, замони ректори донишгоњ буданам гирифта будам. Ин комилан бароям басанда аст. Ман бўстонсаро њам надорам, њарчанд тобистон хеле гарм мешавад ва дил мехоњад берун аз шањр ба истироњат равад. Ду фарзанд дорам. Писарам Донишгоњи Ленинградро хатм намуд, њоло бо як дўсташ дар матбаа кор мекунад. Барои зиндагонї худаш метавонад пул кор кунад. Ва боз ин ки, њамсараш њам кор мекунад. Духтарам биолог аст, вале њоло дар як созмони хориљї кор мекунад. Ман ягон ваќт барои фарзандонам кўшиш накардаам касеро хоњиш кунам. Онњо њамаро худашон, бо мењнати худ ёфтаанд. Онњо низ басо одї зиндагонї мекунанд. Масалан, писари ман то њол мошини худро надорад ва хонаи истиќоматии ў њамагї дорои 23 метри квадратї масоњат аст, хонаи духтарам низ аз ин калонтар нест". "Њамсарам низ Донишгоњи Лининградро хатм намудааст. Дар вазифањои гуногуни молиявї кор кардааст. Њоло ў њам нафаќахўр аст ва агар иштибоњ накунам, 40 ё 45 сомонї нафаќа мегирад. Њељ замоне сармоя ѓун накардаам. Фикр мекунам, баландтарин њаќќи кории ман 2,5 њазор доллар мукофоти ба номи Ибни Сино буд. Ва бо ин пул ман дар интернат барои бачањои кару гунг синфи компютерї сохтам. Њоло 352 сомонї нафаќа ва барои кори имрўзаам њам маош мегирам. Маќолањо менависам, ки баъзан њаќќи ќалам медињанд, дар конфронсњо баромад мекунам. Чанде пеш аз Тунис баргаштам, ки дар як њамоиш баромад доштам. Баъди бозгашт бароям 600 доллар њаќќи баромад фиристоданд. Дар синну соли ман талабот чандон зиёд нест ва пеш њам пули калон ягон ваќт маро ба худ љалб накарда буд. Медонам, ки то замоне зинда њастам, метавонам аробаи худро кашам". "Солњои љанги њамватанї 4 муњофиз доштам. Баъдан, хоњиш кардам, ки теъдоди онњоро коњиш дињанд... Одамонеро медонам, ки дањњо муњофиз доштанд, вале дар ваќти зарурат онњо натавонистанд љонашонро харанд. Солњи охир ман њамагї як муњофиз доштам. Фикр мекардам, ки кишвар эњтиёљоти дигаре дорад, ки муњимтар аз њимояти ман аст, бигзор ин неруњо дар љойи таъиноташон истифода шаванд. Гузашта аз ин, тўли умрам коре накардам, ки касе дар ќасди љони ман шавад". Талбак Назаров њоло раиси Хазинаи хайрияи Тољикистон аст ва мегўяд, бо пешнињод ва хоњиши президент Эмомалї Рањмон розї шудааст саргарми ин кор шавад. Дар доирањои сиёсї ва коршиносї ўро ба њайси як сиёсатмадори русгаро МОДАРЉОН, ЊО АНА ЎРО БУБИН... ва шуравитафаккур медонанд.


10

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Агар ба Ќонуни интихоботи Тољикистон низ таѓйиру иловањо ворид карда, иштироки шахсони бовариноки њама номзадњо, намояндагони ањзоб ва ташкилотњои љамъиятї дар участкаву њавзањои интихоботї таъмин мешуд, њама гуна имконияти сохтакорї барњам мехўрад. Чанде пеш Бонки љањонї якљоя бо ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers дар як гузориши нави худ аз рўи њаљми андозситонї Тољикистонро ба дањгонаи кишварњое ворид кард, ки андозбандии гаронтарин дар љањонро доранд. Коршиносони бахши иќтисодии кишвар њам гузориши Бонки љањониро рољеъ ба баланд будани андоз дар Тољикистон тасдиќ карда, иброз медоранд, ки њатто Кодекси нави андоз, ки аз 1-уми январ дар кишвар мавриди истифода ќарор гирифт, ба тиљорати хурду миёна њељ гуна имтиёзи љиддиеро надодааст. Дар ин гузориш, ки бо унвони "Љамъоварии андозњо дар соли 2013" нашр гардидааст, меъёри умумии андозњо дар Тољикистон 84,5 дар сад нишон дода шудааст, ки нисбати

Ќонуни интихобот Ќонуни интихоботи Тољикистон, ки солњои зиёд мухолифини њукумат ва ислоњотталабон барои таѓйир додани он кўшиш мекунанд, воќеан, њама гуна шаффофияти инттихоботро зери суол мегузорад. Дар он танњо намояндагони њизби њоким ва њукумати иљроия ширкат меварзанду халос. Боќї њама намояндањо ваќти њисобу китоби бюллетенњо ва тартиби протокол ба њавзаи интихоботї роњ дода намешаванд. Банда низ борњо дар интихобот ширкат кардаам ва медонам, ки рафти овоздињї, воќеан, чунон мегузарад, ки на њар як нозир метавонад ќонуншиканиеро эњсос намояд. Вале ваќти њисобу китоб, ки дар он "худињо"

ба фоидаи шахсе анљом дињад, ки ўро рўи курсї нишондааст. Њуќуќи мардум бошад, барои ин тоифа як чизи бењуда аст, зеро то њол онњо дидаанд, ки мардум бо беамалии худ њама гуноњи онњоро афв кардааст. Чун аз афв гуфтем, намешавад боз њам аз ќонуни афви Гурљистон нагуфт.

Ќонуни афв Ба наздикї Гурљистон ќонуни афвро ба имзо расонид. Тибќи ќонуни мазкур, ки рўзи 21-уми январи соли 2012 ба њукми иљро даромад, тахминан, 190 мањбус, ки онњоро парламенти Гурљистон њамчун "мањбуси сиёсї" эътироф кардааст, дар навбати аввал озод карда шуданд. Дар Тољикистон низ ќонунњои

Сабаќи гурљї Ё чаро Тољикистон ба дањгонаи кишварњое ворид шуд, ки андози гаронтарин доранду ба шаффофияти интихоботњояш кам касон бовар мекунанд? Ўзбакистон сабуктар буда, аз кишварњои дигари минтаќа бештар мебошад. Агарчи дар Кодекси нави Тољикистон, ки ба ќавли маќомот, намудњои андоз аз 21 то ба 10 адад кам шудааст, аммо президенти кишвар дар љаласаи ахири Шўрои миллии рушд онро нокифоя хонда, андозњоро барои соњибкорон дар кишвар њамоно гарон ва маъмурият ё идораи андозситониро мураккаб номид. Тањлилгарон бо баррасии Кодекси нави андоз изњор медоранд, ки дар Тољикистон њанўз њам миёни кишварњои ИДМ баландтарин андоз муќаррар карда шудааст. Иќтисодшиноси машњури тољик профессор Њољимуњаммад Умаров дар як сўњбати худ онро њатто "ѓораткунанда" номид, на "њавасмандкунанда". Тартибдињандагони Кодекси нави андоз ќоил омаданд, ки дар тартиб додани Кодекси нав бевосита аз таљрибаи Гурљистон истифода бурдаанд. Воќеан, дар масъалаи андоз, бахусус, аксиз ба алоќаи мобилї ва Интеренет Тољикистон танњо ба Гурљистон такя кард ва то љорї намудани аксиз ба алоќаи барќї ва ба ќатори машрубот ворид кардани алоќаву Интернет дар Тољикистон Гурљитон ягона кишваре буд, ки аз алоќаи мобилї андоз меситонид. Вале саволи матрањ он аст, ки Гурљистон дањњо ќонунњои демократии дигаре дорад, ки вазъи демократии Гурљистонро баробар ба ИМА-у Аврупо карда, сатњи љиноят ва љинояткориро дар кишвар поён бурда, фасодро ба андозаи назаррас ба нестї расонидааст. Чаро мо аз чунин ќонунњои ин кишвар истифода набарем? Чаро танњо аз ќонуне сабаќ гирем, ки ба манфиати мардум нест? Чанд сол пеш дар шањри Маскав бо як нафар њамсўњбат шудам. Мавсуф изњор дошт, ки ман аз рафтори инсонњо танњо љињати мусбиашро ќабул мекунам ва он чї манфї асту ба фоидаи ман нест, ќабул намекунам. Ба назар чунин мерасад, ки њукуматдорони мо низ танњо аз ќонуне сабаќ мегиранд, ки ба фоидаи њаминрўзаи онњост. Фикр намекунанд, ки њадди аќал, дар доираи як стротежии миёнамўњлати 6-8-сола аз он чї зиёне ба мардум мерасад. Бале, ба ин онњо коре надоранд, вагарна дар Гурљистон дањњо ќонунњои дигаре мављуданд, ки воќеан, боиси ибратанд ва истифода аз онњо ба манфиати мардуми Тољикистон мебуд.

иштирок мекунанд, ба осонї натиљаи овоздињї таѓйир дода шуда, дар ваќти тартиб додани протокол аз рўи "дастури боло" кор мегиранд. Ин аст, ки мардум њанўз интихобот сар нашуда, натиљаи онро медонанд ва бисёрињо бо њамин сабаб њатто ба интихобот намераванд. Ба саволи чаро ба интихобот нарафтед, љавоб медињанд, ки "натиљаашро пешакї медонам. Пас, чаро дар он ширкат варзам?!". Ќонуни интихоботи Гурљистон бошад, таќозо мекунад, ки дар њар њавза, њар як номзад намояндаи худро дошта бошад ва ин шахси ваколатдор дар ваќти њисобу китоби бюллетенњо низ ширкат варзида, ба протоколи овоздињї имзои худро мегузорад. Интихоботи охири Гурљистон, ки бо маѓлубияти асосгузори демократияи нави гурљї Михаил Саакашвили анљом ёфт, исбот кард, ки воќеан, ќонуни интихоботи ин кишвар шаффофияти интихоботро пурра таъмин менамояд ва фалсификатсия дар он ѓайриимкон аст. Чанде пеш парлумони Тољикистон таклифи гурўњи тадорукотро дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни интихоботи кишвар рад кард ва боз як бори дигар собит намуд, ки Њукумати Тољикистон тарафдори интихоботи озод ва шаффоф нест. Шояд, ин ба он хотир бошад, ки њукумат ва парлумон бовар надоранд, ки интихоботи шаффоф ба фоидаи њукумати феълї анљом ёбад. Ин аст, ки њанўз барои гузаронидани ба ном интихобот пофишорї мекунанд, агарчи худ низ медонанд, ки таѓйири ин ќонун талаби замон ва шарти рушди Тољикистон аст. Бисёр хуб мешуд, агар мо дар мураттаб сохтани ќонуни интихобот њам аз Гурљистон сабаќ мегирифтему як бор њукуматро дар хизмати халќ ќарор медодем, на халќро дар хизмати њукумат. Агар ба Ќонуни интихоботи Тољикистон низ таѓйиру иловањо ворид карда, иштироки шахсони бовариноки њама номзадњо, намояндагони ањзоб ва ташкилотњои љамъиятї дар участкаву њавзањои интихоботї таъмин мешуд, њама гуна имконияти сохтакорї барњам мехўрад. Дар айни замон бошад, ќонуни ќўњнаи интихобот шаффофиятро тамоман аз байн бурдааст. Роњбари ноњия - намояндаи комилњуќуќи президенти Тољикистон, ки дар аксари њолатњо намояндаи ин ё он авлоди сарватманди ноњияву шањр низ њаст, барои он ки аз вазифа наравад, бояд натиљаи онро

афви зиёде имзо шуданд, вале дар 20 соли истиќлолият то ба имрўз ягон мањбуси сиёсї озод карда нашудааст ва ќонуни афв низ нисбати онњо татбиќ намешавад. Агарчи маќомот мављудияти мањбусони сиёсиро инкор мекунад, вале дунёи мутамаддин бар он аст, ки дар Тољикистон мањбусони сиёсї зиёданд ва зарурияти афви онњо пеш омадааст. Аз љумла, Мањмадрўзї Искандаров, раиси њизби демократии Тољикистон ва Ёќубљон Салимов, вазири ваќти корњои дохилии Тољикистон, солњо боз интизори озодианд, њарчанд дувумї ба њазорон дард менависад, ки гуноње накардааст, ки афв бипурсад. Вале низоми фасодзада ўро намешунавад. Ва боз њам Гурљистон.

Мубориза бо фасод То инќилоби ранга Гурљистон яке аз кишварњои фасодзадатарин дар ИДМ ба њисоб мерафт. Агарчи соли 2002 аз тарафи њукумати Эдуард Шеварднадзе ќонунњои зиёде барои барњам додани фасод дар кишвар ќабул шуданд, вале он натиљаи дилхоњ надод. Зеро низоми њоким худ ба фасод ѓўта мезад. Вале баробари сари ќудрат омадан Саакашвили муборизаро бо корруппсия, на бо шиорпартоиву ќабули ќонунњо, балки бо муборизаи ошкоро ва амалї оѓоз намуда, роњњои воќеии барњам додани онро ба маърази љањониён гузошт. Нахустин коре, ки Саакашвили анљом дод, тамоми маќоми роњбарикунандаи њуќуќро аз зинањои поёнї то боло иваз кард. Ислоњоти љиддии прокуратура, суд, пулис ва БДА амалї шуд. Сохтори њукумат ва аъзои он низ истисно нашуданд. Бо озод кардани онњо Саакашвили ба кадрњои баландихтисос такя намуда, маоши кормандони буљавиро бамаротиб боло бурд. Кори дувуме, ки ў анљом дод, ин барњам додани синдроми бељазо мондан буд. Минбаъд барои фасод њар шањрванд љазои сахт мегирифт. Ва аз њама муњим љазо барои корманди давлатї ва кормандони њифзи њуќуќ нисбат ба шањрванди одї бештар муќаррар шуд. Дар Гурљистон, мисли дигар кишварњои ИДМ маќомоти аз њама фасодзада пулис ва низоми макотиби олї дониста мешуданд. Шиори асосии Саакашвили он буд, ки шахсони фасодзада ташкилот ва ё њукумати бидуни фасодро роњбарї карда наметавонанд. Ў пеш аз њама 15 њазор корманди БДА-ро иваз наму-

да, ба љои онњо 7 000 нафар корманди навро ба кор гирифт. Дар баробари ин, ба таври назаррас имиљи пулис низ таѓйир шуд. Нахуст, агар номи ин нињод аз милитсия ба полис таѓйир дода шуда бошад, дувум, тамоми даромади кормандони полис аз харидории автомошина то манзил зери назорат гирифта шуда, маоши онњо то 10 маротиба боло бурда шуд. Дар макотиби олї бошад, низоми озоди санљиши довталабонро љорї намуданд, ки анќариб 95 дар сад фасодро аз ин нињод дур кард. Барои барњам додани фасод дар њукумат Саакашвили реформаро пеш аз њама аз худи њукуматаш оѓоз карда, кормандони онро то 40 дар сад кам кард. Дар тамоми кабинетњои аъзои њукумат камерањои махфї гузошта шуданд, ки фаъолияти онњо зери назорат бошад. Њар як корманди њукуматї, ки бо фасод ба даст меафтид, тариќи ТВ нишон дода мешуд ва њатто барои гирифтани 100 лари (60 доллар) корманди њукумат то 6 сол ба мањбас кашида мешуд. Аз њама кори аљибе, ки дар Гурљистон анљом дода шуд, дар баъзе соњањо коррупсия расмї кунонида шуд. Масалан, агар шањрвандон пештар барои таъљилан гирифтани шиноснома ва ё њуљљатњои дигар пора медоданд, тибќи ќонуни нав ба шањрвандон имконият дода шуд, ки минбаъд ин маблаѓро ба буљаи давлат супорида, њуљљатњои заруриро ба таври таъљилї дастрас намоянд. Дар мо чї?!

Кишвари фасодзада Натиљаи чунин муборизањо буданд, ки Гурљистон на танњо миёни кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї, балки миёни аксар кишварњои љањон дар мубориза бо фасод муваффаќ дониста шуд. Дар айни замон Гурљистон мутобиќи рейтинги Transparency International вобаста ба коррупсия миёни 182 давлати љањон дар љойи 51 ќарор дорад. Тољикистон бошад, дар ин рўйхат љойи 157-умро соњиб шуда, дар ќатори Камбоља ва Ангола (ќашшоќтарин ва фасодзадатарин давлатњои дунё) љойгир шуд. Чї бояд кард, то Тољикистони мо низ аз ин муборизаи гурљињо алайњи коррупсия сабаќ гирифта, фасодро дар кишвар барњам дињад ва ё аќал-

лан сатњи онро нисбатан поён барад. Таљрибаи тафтишоти парвандаи машњур ба номи "Парвандаи исфарагињо" ва боздошти Шермат Нуров, собиќ муовини додситонии наќлиёти кишв ар, бо иттињ оми ришвахорї бо маблаѓи 100 њазор доллар, боздошти судяи Суди Олї Нур Нуров низ бо иттињоми гирифтани ришва ва ќаллобї бо маблаѓи 150 000 доллар, Рустам Олимов, собиќ айбдоркунандаи давлатї, муфаттиши Прокуратураи генералї бошад, ба миќдори 350 њазор доллар тамоми Тољикистонро ба ларза овард. Бубинед, ки танњо дар тафтишоти як парванда маќомоти њуќуќи мо аз тафтишот то суду прокуратура ба маблаѓи 550 њазор доллар ба фасод ва ќаллобї роњ доданд. Боздоштњои пурсарусадои мазкур боз як бори дигар собит сохтанд, ки маќомоти њуќуќи мо алайњи коррупсия мубориза бурда наметавонанд, зеро худ ба фасод ѓўта задаанд. Љойи шубњ а нес т, ки њамон шиори Саакашвили "Шахси фасодзада наметавонад алайњи фасод мубориза барад!" исботи худро ёфтааст. Шояд, чунин боздоштњо агар дар кишваре чун Гурљистон, ки ќонун дар љойи аввал ќарор дорад, сурат мегирифт на танњо парванда аз нав мавриди баррасї ќарор мегирифт, балки тамоми маќомотњои роњбарикунандаи судї - аз раис то зердастони ў ба истеъфо фиристода шуда, гунањкорон ба љазо кашида мешуданд. Зеро худи Нур Нуров, муовини раиси Суди Олї, дар сабти видеоие, ки дар матбуот чоп шуда буд, изњор дошта буд, ки дар баровардани њукм тибќи супориши Раиси Суди Олї амал кардааст. Барои њамин њам, ман фикр мекунам, ки барои барњам додани коррупсия Њукумати Тољикистон ва президенти кишварро зарур аст, ки аз Гурљистон сабаќ гирифта, реформаро аз худи њокимият ва маќомоти њуќуќ оѓоз намуда, аќаллан 70 дар сади онњоро иваз намоянд. Вагарна ќабули њама гуна ќарору ќонунњо бефоида хоњад буду мардуми Тољикистон ќурбоќањои њамин ботлоќи бадбў йи фасод х оњанд монд. Акрами ХОЛИЌ


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

11

Барои бебунёд будани ин аќида ба таърихи беш аз дуњазорсолаи забони тољикї менигарем ва ќазоватро ба худи хонандагон њавола мекунем. Имрўз дар љомеаи мо нисбат ба сарнавишти истифодаи забони давлатї бештар се аќида вуљуд дорад. Аќидаи аввал аќидаи расмии давлатии мо мебошад, ки асоси онро густариши њамаљонибаи забони модарии мо њамчун забони давлатї ташкил мекунад. Дар даврони истиќлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллї тамоми монеањои сунъии сиёсиву назариявї ва идеологї бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воќеан миллии забонии Њукумати Љумњурии Тољикистон бо сарварии Президенти кишвар, љаноби Олї Эмомалї Рањмон наќши забони тољикї ба њайси забони давлатї ба маротиб афзуд. Махсусан, асарњои Президенти кишвар, суханронињои ў дар мањфилу чорабинињои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтњои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тољик наќши бунёдї ва рањнамої доштанд. Бояд гуфт, ки аќидањо ва пешнињодњои Президенти кишвар дар ин бобат на танњо хусусияти назариявї, балки хусусиятњои амалї њам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоњида сухан ронд. Дастовардњои асосии моро дар даврони Истиќлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурўњбандї кард: Ба таври комил дар коргузории расмї љорї шудани забони давлатї; Ба забони муоширати байни халќњои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатї. Тавре ки Президенти кишвар дар суханронии худ ба муносибати рўзи Забон (21.06.2007) мефармоянд: "Дар замони истиќлолият забони тољикї маќоми давлатї пайдо карда, дар асоси меъёрњои таърихї ва адабї ташаккул пайдо мекунад ва тадриљан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатњои гуногуни сокини кишварро ба дўш мегирад. Аз ин рў, истиќлоли давлатї њамчун омили воќеии эњёи забони мо дониста мешавад". Дар ин гуфтањои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муњим нуњуфта аст. Аввалан, Истиќлолияти Тољикистон барои рушди забони давлатї тамоми шароитро фароњам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тољикї дар ќаламрави Тољикистон ба забони муоширати байни халќњои сокини Љумњурии Тољикистон мубаддал шавад. Аќидаи дувум реша бар даврони Шўравї ва равияњои пантуркистї дорад. Тарафдорони ин аќида даъво доранд, ки забони тољикии мо танњо дар Тољикистон амал мекунад ва берун аз ќаламрави љумњурї дигар ќобили истифода нест. Дар ибтидои таъсиси Љумњурии Шўравии Тољикистон оид ба масъалаи навиштани таърихи Тољикистон намояндагони љумњурии њамсоя аз мутахассисони мо талаб мекарданд, ки таърихи моро фаќат дар мањдудаи ќаламрави Тољикистони кунунї тањия кунанд. Гўё Самарќанду Бухоро ё Балху Њироту Нишопур ба таъриху тамаддуни мардуми Тољикистон тамоман иртиботе надоранд. Ин бањсњо њангоми навиштани шоњасари "Тољикон" њам аз тарафи душманони миллати мо доман зада шуда буд. Шумо худ ќазоват кунед, ки ин даъвоњои ѓаразнок чи њадаф доранд ва ба деги кадом гурўњњо равѓан мерезанд. Имрўз бо дастгирї ва пуштибонии њомилони ин аќида дар Тољикистон таѓйири саросарии номњои хонаводагии миллї ба Назарову Ќувватову Ќањњоровичњо аз нав сар шудааст. Бо бањонаи он ки номгузории миллии моро дар Руссия ќабул надоранд, љавонони мо саросар номгузории миллиро ба номгузории русї иваз мекунанд ва сохторњои давлатии мо њам барои пешгирии ин вазъият кореро анљом намедињанд. Оё ин амр ба густариши забону фарњанги мил-

лии мо мусоидат мекунад? Албатта не. Аќидаи сеюм аз он иборат аст, ки гўё забони тољикї асос ва заминаи илмї ва таърихї надорад ва он гўё барои таќсимбандии забони ягонаи форсї ба таври сунъї номгузорї шудааст. Ин аќида бештар дар байни фарњангиён ривољ дорад ва онњо гўё тарафдори ягонагии забони мо бо гунањои дигари он дар Афѓонистону Эрон мебошанд. Аз љумла, дар маќолаи "Забони тољикї пояи таърихї надорад"-и Обиди Шукурзода дар њафтаномаи "Нигоњ" 10.10.2012 чунин гуфта мешавад, ки гўё "забони тољикї" асоси таърихї надошта, бофтаи бегонагон мебошад. Интиќодгар Обиди Шукурзода дар хўрдагирии худ то андозае пеш меравад, ки рўйрост ба тањќири "забони тољикї" даст мезанад. Ў менависад:

"Китоби муќаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайѓомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.С.Н.) ба забони тагзик (тољикї) навишта шуда, сипас ба забонњои дигар тарљума шудааст" (Нигаред: Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древнего Тибета // сб. Страны и народы Востока. Вып. VIII, М. 1969, с. 158-159). Муњаќќиќи дигар Дж. М. Райнолдс дар маќолаи худ тањти номи "Пажўњишгоњи тањќиќи Бонпо" ќайд мекунад, ки тибби бузурги Тибет, назария ва амалияи дини Бонпо ба Тибет аз Љануб, аз Њиндустон наомадааст, балки аз кишвари Шаншун, ки дар ѓарби Тибет воќеъ аст, омадааст. Дар навбати худ он дар замонњои ќадим аз кишвари Тазиг ё аз Осиёи Марказии эронї омадааст. (Дар ин бора муфассал нигаред: Муминджанов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков /

мардуми мо ва халќњои Эрону Афѓонистон мухолифат меандозад. Њол он ки барои њар як равшанфикри каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар ќабилањову, халќњои сомиву аврупої бо фарњангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро "форсї" номида бошанд, халќњои туркзабону мардуми Чину Њиндустон ба воситаи мардуми тољик бо фарњанги мо- ориёињо ошно шуда забони моро "тољикї" хондаанд. Њар ду вожа, њам "тољикї" ва њам "форсї" (дар давраи форсии миёна дар шакли "parsig") аз даврањои бостонї (њадди аќал аз асри II мелодї) мавриди истифода буданд ва аз номи ќавму халќњои ориёнажоди тољику форс сарчашма гирифтаанд. Номи забон одатан аз номи халќњои соњиби ин забон пайдо меша-

Забони тољикї пояи таърихї дорад!!! (ё љавоб ба маќолаи Обиди Шукурзода дар бораи "забони тољикї")

"Чї агар "Хусрав"-ро "Каљрав" ном бурдан зишт бошад, низ "форсї"-ро "тољикї" гуфтан зишттар аз он аст". Ин рўзноманигор менависад: "Забони мо, ки форсї буд, аз соли 1938 ин љониб бо диктаи (дасти зур)-и мутаљовизини рус "тољикї" кунонида шуд" ва боз илова мекунад: "таъбири "забони тољикї" бофтаи душман аст ва тавњине ба исми забони модарии мост". Офарин бар чунин тањаммулу тоќати соњибони "забони тољикї" ва махсусан ба сармуњарриру дастандаркорони њафтавори "Нигоњ", ки чунин маќолаву чунин гуфторро тоби тањаммул доранд. Барои бебунёд будани ин аќида ба таърихи беш аз дуњазорсолаи забони тољикї менигарем ва ќазоватро ба худи хонандагон њавола мекунем. Дар яке аз нусхањои хаттии монавї-портї (нусхаи хаттии шумораи 339 м., ин нусха дар Олмон нигањдорї мешавад), кашфшуда аз Турфон, ки эњтимолан марбут ба ќарни њашти мелод мебошад, номи забони тољикї дар ибораи par tazigane awak - "ба забони тољикї", ё айнан "ба овои тољикона" омадааст. Дар ин нусхаи кучак омадааст, ки роњибони монавї дар ваќти ибодат ба забони тољикї ниёиш мекарданд. Намунаи дувум ба сарчашмањои тибетї марбут аст. Дар Тибет дар маъхазњои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехўрад, ки гўё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказї воќеъ будааст. Муњаќќиќони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н. Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эронињо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тољикро овардаанд. Л.Н. Гумилёв дар асари худ "Величие и падение древнего Тибета" (Сууд ва суќути Тибети ќадим) менависад, ки "Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки". Яъне

/ Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение №1-2, 2002) Намунаи сеюм ба даврони исломї, ки дар ин давра ба омадани арабњову маволињову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказї истилоњи "форсї" аз вожањои "тољикї" ва "дарї" дида бештар ривољ пайдо мекунад, иртибот дорад. Дар сарчашмаи туркї-уйѓурии "Кутатѓу билик" (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоѓунї, навишта шудааст, дар бораи забони тољикї ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ў дар яке аз байтњои худ чунин менависад: "Ин гуна китобњои хуб ба арабї ва тољикї кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст" (тарљумаи тањтуллафз). Намунаи чорум ба ибтидои садаи XIX аниќтараш ба соли 1813 тааллуќ дорад. Миризотуллоњи Њиндї дар "Сафарнома"-и хеш оид ба забони ањолии Ќуќанд чунин менависад: "Забони Ќуќан (яъне Ќуќанд-С.Н.) туркї мебошад, ањли шањр тољикї, яъне форсї мегўянд". (Нигаред: Назарзода С. "Забон ва вањдати миллї", Душанбе, 2007) Ва нињоят намунаи охирро аз рўзномаи "Бухорои шариф" меорем. Дар шумораи сеюми "Бухорои шариф" дар маќолае масъулони рўзнома менависанд: "Њанўз шумораи аввали "Бухорои шариф"-ро нашр надода будем, ки баъзе оќоён њозир шуда, дар матбаа нигоњ ба маќолањо карда ва фармуданд: "Ин љо забони умумї забони тољикї аст. Рўзнома ба забони тољикї бошад бењтар аст". Аз тарафи дигар аќида ва назари Обиди Шукурзода ва тарафдоронаш аз аќидаи дувуми тољикбадбинї боз њам хатарноктар аст. Агар аќидаи дувум забони тољикии моро бештар дар ќаламрави Тољикистон мањдуд намояд, аќидаи сеюм ба ягонагї ва вањдати форсизабонон ва тољикзабонони дунё зарба мезанад. Дар байни

вад. Забони форсї њам аз номи ќабилањои ориётабори порсњо (форс-муарраби порс) гирифта шудааст. Ин ќабилањо њудуди 3-4 -њазор сол пеш аз сарзаминњои Осиёи Марказї ба Ѓарб куч баста, дар ќарнњои XII-XI пеш аз мелод дар сарзамини њозираи Озарбойљони Эрон ва як бахши Туркия ќарор дошта, аз ќисмати Ѓарб бо модњо њамсарњад буданд. Баъд аз ду ќарн ин ќабилањо ба сарзамини њозираи худ-вилояти Порси Эрон омада дар он љо сокин шуда, халќњои мањаллии ин минтаќа иломињоро оњиста-оњиста ба фарњангу тамаддуни худ њамроњ намуданд. Минбаъд бо пайдо шудани ду хонадони бузурги шоњаншоњї - Њахоманишиниён ва Сосониён номи ин халќи эронитабор ба минтаќањои дигар пањн шуд, ва хусусан номи забони форсї баъд аз интишори ислом ва футуњоти араб ба ќисмати шарќии Эрон бештар пањн гардид ва оњистаоњиста ба љои "дарї" ва "тољикї" истифода гардид. Номи забони тољикї њам ба номи халќи тољик ва ќавмњои ориёии ба он наздик алоќаманд буда, таърихи дерина дорад. Бар хилофи ќабилањои форсї ин ќавмњо ба таври доимї дар Ватани аслии худ-ду тарафи дарёи Аму боќї монданд ва аз рўи ривояти таърихии мардуми ориёитабор номи худро аз номи яке аз сарќабилањои ориёї бо номи Тољ гирифтаанд ва њамвории бузурги имрўзаи назди бањри Хазар-дашти Тўрон дар ањди ќадим дашти Тољик ном дошт. Тавре ки номи Арал дар замонњои пеш бо номи бањри Вахш машњур буд. Дар њуљљату санадњое, ки имрўз бо забони тахории бохтарї дар сарзамини Афѓонистон пайдо шудаанд, вожаи "тољик" дар чандин санаду сиккањои подшоњони пеш аз ислом вомехўрад, ки мо алњол чанд намунаи онњоро меорем. Маълумоти аввал ба сангнавиштаи Яковланг дар Афѓонистони марказї иртибот дорад, ки ќисмати авва-

ли он чунин тарљума шудааст: "Дар соли 392 (баробар ба 624 мелодї) моњи сабул буд, ки обод шуд бунёди ин ступа аз тарафи ман Алхис писари Харос Хадив аз Роѓи Самангон ваќте ки ман подшоњи турк ва подшоњи тољик шудам." Намунаи дигар ба сиккањои пеш аз даврони исломї иртибот дорад. Дар солњои 60-уми ќарни XX маљмуаи сиккањои даврони Њайтолиён пайдо гардид, ки панљ сиккаи он аз тарафи донишманд ва забоншиноси Олмон Њелмут Њумбох бозхонї шуд. Яке аз шоњони Хуросон, ки ба муќобили арабњо љангида, онњоро дар яке аз муњорибањо шикасти сахт додааст, дар пушти сикка чунин менависад: "Ќайсари Рум, Худои бузург. Шоњи Тољикон-fromo k?saro bago xaod?o tazikano xaro" Дар ин санаду њуљљатњои дарёфтгардида хушбахтона њам шакли дурусти истифодаи вожаи "тољик" ба маънои ќавми тољик ва њам вожаи "тозиён" ба маънои араб дида мешавад. Яъне аз вожаи "тозиён" пайдо шудани вожаи "тољик" њамчун фарзияи бебунёд рад мегардад, ки дастоварди муњим дар илми тољикшиносист. Номи ќавми тољик дар ин аснод ба шакли "Tazigo" (дар забони бохтарї "о"-и охир калимањоро аз њам људо мекунад), яъне "Тозик" (дар давраи аввали забони бохтарї) ва "Тожик" (дар давраи охир бо ишора намудани "ж"-и тољикї бо "?" (дар болои њарфи "z" - се нуќта илова мегардид) омадааст. Номи ќавми араб дар шакли "Toziio" ба шакли сифатии "taziiaggo"-тозиянг, яъне арабї низ зикр шудааст. Як калимаи дигар њам ба ду шакл дар ин матнњо омадааст, ки онро ќаблан муњаќќиќон "араб" хондаанд. Ин калима вожаи "тоза"-и бохтарии тољикист, ки дар шакли tazauo ва tazago (аз назари забонї шакли аввал ќадимитар аз шакли дувум аст.) вомехўрад. Ибораи draxmo tazauo\tazago simiggo ба маънои "дирњами тозаи нуќраї аст" . Дар охир илова карданием, ки њам вожаи "тољик" ва њам вожаи "дарї" ба решаи ягонаи "тахорї" ва "таољї" њамчун номи ќавми тољик дар даврањои пеш иртиботи ногусастанї дорад. Агар вожаи "тољик" ба номи "таољї"- ќавми ориёї, ки асосгузори давлати Кушониёни Кабир буданд, иртибот дошта бошад, пас вожаи "дарї" аз калимаи "тахорї" (тхарї-дарї) баромадааст. Тахорињо ба сарзамини Бохтар омада, номи ин минтаќаро минбаъд ба Тахористон табдил доданд, ки ба њамагон маълум аст. Аз ин гуфтањо чунин бармеояд, ки њам номи забон ва њам номи миллат ва њам номи кишвар дар таърихи дуњазорсолаи мардуми мо санаду далелњои раднопазир дорад. Таваљљуњ кунед, фаќат ба як намуна аз китоби "Сафарнома"-и Клавихо, ки муаллифи он дар асри XIV аз Испания ба Самарќанд ба дарбори Темур њамчун сафири шоњи Кастилия сафар кардааст. Ў менависад: "Ин шањр (яъне Андхўй- С.Н.) ба сарзамини Мод тааллуќ надорад ва ба сарзамини бо номи Тахикиния (Тољикия, Тољикистон - С.Н.) шомил аст, забони он аз забони форсї андаке фарќ дорад, вале асосан ба он монанд аст". Агар аќидаи зиддитољикї торафт инкишоф ёфта тарафдорони зиёд пайдо кунад, аввал номи забон, баъд номи миллат ва баъд номи кишвар њам зери шубња ќарор хоњад гирифт, ки ин амалро имрўз њам душманони мо доман зада истодаанд. Бинобар ин забони тољикї ба њимояи давлатї ниёз дорад. Ин масъала дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон" дар банди сеюми моддаи сеюм ба таври зерин омадааст: "Љумњурии Тољикистон истифода, њимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд". Сайфиддин НАЗАРЗОДА


12

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Ин иќдом аз љониби муштариёни Ширкат баланд бањогузорї гардид, зеро дар соли гузашта муштарии ба њисоби миёна статистикии «МегаФон» дар муќоиса бо соли 2011 њармоња 15 даќиќа бештар сўњбат мекардагї шуд.

®

АЛОЌА

«МегаФон»: алоќаи боэътимод барои беш аз 1 800 000 муштарї! Соли 2012 ширкати «МегаФон» аз рўйи суръати сохтмони истгоњњои базавї ва рушди шабакаи хусусии фурўш дар њудуди Тољикистон натиљањои рекордиро нишон дод. Мувофиќи натиљањои соли сипаришуда оператор беш аз 500 истгоњи нави базавии 2G ва 3G-ро ба кор даровард. Дар њоли имрўз зиёда аз 2 000 ИБ, ки 170 - тои он дар навоњии дурдасти кишвар љойгир мебошанд, муштариёни Ширкатро бо алоќаи боэътимод таъмин мекунанд. Бахусус, дар соли 2012 истгоњњои базавии «МегаФон» дар ноњияњои Мурѓоб ва Ишкошими Вилояти Мухтор и кўњ и с т о н и Б ад а х шо н (ВМКБ) ба кор дароварда шуданд ва ин амал ба муштариён имкон дод, ки алоќаи мобилї њамчунин дар аѓбаи Ќулмаи воќеъ дар сарњади Тољикистону Хитой низ истифода бурда шавад. Тибќи натиљањои соли 2012 шабакаи хусусии фурўши оператор то ба 3 маротиба васеъ шудааст. Ин њатто ба муштариёни дар гўшањои дурдасттарини кишвар умр ба сар мебурда имкон дод, ки аз хизматр а с о ни њ о и бо э ъти м о д и алоќаи «МегаФон» истифода намоянд. Барои мизољони корпоративї ширкат марказњои муосири хизматрасониро дар се шањри бузургтарин Душанбе, Хуљанд ва Ќўрѓонтеппа ифтитоњ намуд. Да р д ав оми со ли 20 12 «МегаФон» доираи хизматрасонињои худро барои муштариён васеъ намуда, хизматгузорињои ќулай ва њангоми пайвастшавї ва истифодабарї соддаро пешнињод намуд. Ин иќдом аз љониби муштариёни Ширкат баланд бањогузорї гардид, зеро дар соли гузашта муштарии ба њисоби миёна статистикии «МегаФон» дар муќоиса бо соли 2011 њармоња 15 даќиќа бештар сўњбат мекардагї шуд. «Дар соли гузашта мо пайваста ба њалли масъалаи вобаста ба боэътимод гардонидани алоќа ва босифату ќулай намудани хизматгузорињо барои муштариён машѓул будем. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» ба таври назаррас шабакаи хусусии фурўшро васеъ намуда айни замон масофа аз худи нуќтаи ѓарбии фурўши мо то нуќтаи шарќї беш аз 650 км-ро ташкил медињад! Њамчунин миќдори истигоњњои базавї афзудааст. Хуллас - беш аз 1 800 000 сокинони кишвар муштариёни мо ба њисоб мераванд», - мегўяд директори иљроияи ширкати «МегаФон» дар Тољикистон Андрей Шишковский.


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

13

А. Холиќов иддао мекунад, ки худи Абўњанифа дар "Ал фиќњ-алАкбар" Ќуръонро на махлуќ, балки холиќ шумурда, њамчун китоби Худованд рањнамои муъминин эътироф намудааст".

Ин матлаб ба хотири њамраъйї бо журналист Амруллоњи Низом бознашр мешавад "Ар-рисолат", љузъи 3, сањ 99) дар шарњи ин ояи карима мегўяд, ки Ибни Аббос ва Њасан (Њасани Басрї) ва низ Ќаттода гуфтаанд: "Ин ояи ом аст ва барои чанд муддат њукми он мавриди амал ќарор дошт ва бо нузули ояи фароис њар яки (њукми) он мансух гардид". Табарї низ бо наќл аз дигарон ёдрас мешавад, ки худи њазрати Муњаммад(с) низ њангоми маргаш васият накард. Аз ин бармеояд, ки агар васият њатмї мебуд, худи соњиби шариат њазрати Муњаммад(с) васият мекарданд. Пас, ба кор гирифтани оёти мансуха ба сифати далел ќобили ќабул нест!

Маќолае, ки њамин њоло ба хонданаш шуруъ кардед, дар бораи китоби муњаќќиќи исломшинос Абдурањим Холиќов "Њуќуќи исломї" (Душанбе "ЭР-граф" 2010, ISBN 97899947-42-60-8) бањс мекунад. Ин китоб сару садоњоеро миёни уламои исломї ба бор овардааст, ки инак, аввалин вокунииши љиддиро пешкаши муштариёни гиромї менамоем.

Холиќов, бо камфањмию каљфањмии худ мардумро гумроњ накунед Мо магар бо ин кўњнапарастї ва њаќир пиндоштани худ дар назди гузаштагон метавонем имрўзро ободу фардо љомеаи пешрафта созем, дар њолате, ки мо дар тамоми андеша худро заифтар аз гузаштагон медонем ва на заифтар… Дар баробари ин, мо аз васфи таърихї даст кашида, таќлидро инкор намуда, бояд ба меросияти дурусти арзишњои таърихї роњ ёбем. Ин аст роњи бењтар… Ин китоб кўшише дар шинохти ин роњ аст…". Ин пора гуфтори А. Холиќов бо чанд далел мушкил дорад: Фикр мекунам, А. Холиќов маънии дурусти "таќлид"-ро њазм нокарда, ин калимаро нодуруст фањмидааст. Чунки маънии он чунин аст: "1. Пайравї ба амалу рафтори касе (бе мулоњизаи некї ё бадии он). 2. Айнан такрор кардани рафтор ва тарзи гуфтори касе" (Фарњанги тафсирии забони тољикї, љилди 2., Душанбе 2008). Аз ин љињат, бахусус, тамоми донишмандони исломї ва шогирдону муридони онњо ва ваљњи умум тамоми мусалмонон аз Ќуръону суннат ва фиќњи гузаштагон ногузир таќлид мекунанд. Чунки Худои таъоло тамомии онњоро амр кардааст: "Агар худ намедонед, аз (уламои) ањли Зикр (муъминони ањли китоб) бипурсед" (Нањл, ояи 43). Ва низ мефармояд: "Ва натавонанд муъминон, ки њамагї ба сафар раванд (барои фаро гирифтани улуми исломї). Чаро аз њар гурўње дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмўзанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро њушдор дињанд, бошад, ки аз зишткорї њазар кунанд. Маънии дигари оят ин аст, ки шоиста нест, ки муъминон њамагї ба сўи майдони набард берун бираванд. Аз њар гурўње - бархе аз онон ба корзор раванд ва бархе дигар дар Мадина њамроњи Расули Худо(с) бимонанд ва илм биомўзанд ва он илме, ки омўхтаанд, ба ќавми худ биёмўзанд, шояд, ќавмашон њам аз нофармонии Худо (Љ) њазар кунанд"(Тавба, ояи 122). Ба ибораи дигар, дар љањони имрўз, бахусус, дар Тољикистон, шояд, њадди аксар як дар сади мар-

дум дониши исломиашон ба он дараља расидааст, ки тавони истинботи ањкомро аз Ќуръону суннат доранду боќї 99 дар сади дигар дар умури мазњабї аз эшон таќлид мекунанд. Агар ба гуфти А. Холиќов њамаи ин мардум ба мисли бародарони салафї таќлидро инкор кунем, њараљу мараљ ва куну макунњои зиёде пайдо мешавад, ки шариати Илоњиро халалдор месозанд. Дар ин сурат кї барои ин њараљу мараљ љавоб хоњад гуфт? Ё ин ки А. Холиќов иддао мекунад, ки "мо аз васфи таърихї даст кашида", яъне бузургдошти Имом Ѓаззолї ва Имоми Аъзам, ки он ду аз бузургони мо ба њисоб мераванд, иштибоњ буд? Холиќов бо ин иддао аз љониби њукумати кишвар дар симои президент таљлил кардани љашни он ду фарзонаи миллати тољикро бо шукўњи хоса зери суол мебарад, магар не? Ростї, љумлаи "бояд ба меросияти дурусти арзишњои таърихї роњ ёбем"-ро мо њар ќадар маѓз об кардем, нафањмидем, бењтараш, давоми љумларо худашон шарњ дињанд! ХОЛИЌОВ ВА БЕЭЪТИНОЇ НИСБАТИ ТАХРИЉИ ОЁТИ ОСМОНЇ А. Холиќов (сањ. 125, њамон китоб) менависад: "Адл ва њаќ тибќи таълимоти исломї низомест, ки дар пањнои он Офаридгори бузург замину осмон, кайњону сайёрањоро офарид, ки "Љањон, замину осмон, ба њаќќу адл барпост"(46, 3). (46 маънии раќами сураи Ќуръонасту 3 маънии раќами ояи он, А.Н.)". Аммо дар сураи раќами 46 ояи 3 чунин гуфта шудааст: "Мо осмонњову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, љуз барњаќ ва дар муддате муайян наёфаридаем. Ва кофирон аз он чї бимашон медињанд, рўй мегардонанд". Мисоли дигар, А. Холиќов (сањ. 128) навиштааст, ки дар Ќуръон омадааст: "Ва агар њукм кунї, пас, дар миёни онњо ба инсоф (адолат њукм кун! Ба дурустї, ки Худо адлкунандагонро дўст медорад" (56: 42). Лекин њангоми тањќиќ дидем, дар сураи 56, ояи 42 чунин аст: "Дар боди гарм ва оби љўшонанд". Мисоли дигар, А. Холиќов (сањ. 131) навиштааст: "Дар Ќуръон

омадааст: "Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед, барои Худо гувоњї дињед, агарчи бар зарари хештан ё падару модар ва хешовандони чи тавонгару чи фаќир бошад (ба њар њол), Худо бар онњо мењрубонтар аст! Ва агар суханро печонед ё рўй бигардонед, пас, ба дурустї, ки Худо бар он чї мекунед, огоњ аст"." (4, 135). Вале њангоми ба сураи 4, ояи 135 мурољиат кардан дидем, ки он тавр нест, балки чунин аст: "Мањри занонро ба тиби (майли) хотир ба онњо бидињед. Ва агар порае аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки хушу гувороятон хоњад буд". Мисоли дигар, (сањ. 128) Холиќов менависад: Сураи Баќара, ояти 180."Њар гоњ яке аз шуморо марг фаро мерасад ва моле бар љой гузорад, муќаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рўи инсон васият кунед. Ва ин шоистаи парњезгарон аст". Њол он ки дар ин ояи карима ибораи "аз рўи инсон" барзиёд аст ва он дар аслу маънии ояи карима вуљуд надорад ва бадбахтона, чунин иштибоњоту "илова"-њо аз љониби муаллиф дар он китоби "дарсї" зиёданд. ХОЛИЌОВ НОСИХРО АЗ МАНСУХ ФАРЌ НАМЕКУНАД? Муаллиф дар бораи категорияи меросхўрон дар Ќуръон бо зикри ин (сањ. 128): "Сураи Баќара, ояти 180. "Њар гоњ яке аз шуморо марг фаро мерасад ва моле бар љой гузорад, муќаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рўи инсон васият кунед. Ва ин шоистаи парњезгарон аст". Шарњ. Дар ин оя ду меъёри (Магар меъёр нест? - А.Н.) њуќуќї мањфуз аст: 1. Њар шахс ўњдадор аст, пеш аз марг он моле, ки дар тасарруфи хеш дорад, ба мерос ,ба шахсе васият кунад. Яъне васият њатмї барои муъминин муќаррар мегардад. 2. Дар оят категорияи меросхўрон, падару модар ва хешовандон муќаррар гардидаанд". Њол он ки Имом Табарї дар тафсири худ "Ал-љомеъу ли ањкомил Ќуръон"(чопи 2006, тавассути муассисаи

аст. Ин даъвои А. Холиќов дар мавриди никоњ бо зинокорон номаъќул ва номаќбул аст. Чунки уламои исломї бе руљуъ кардан ба Ќуръону суннат, аслан, њаќќи фатво ва њукм карданро дар масоили шаръї надоранд. Ин њукмро низ дар бораи зинокорон уламо содир накардаанд, балки Худои таъоло дар ояи 3-юми сураи Нур чунин њукмро дар бораи зинокорон ин тавр зикр мекунад: "Марди зинокор љуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро љуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин (амр) бар муъминон њаром шудааст". ХОЛИЌОВ БА "ФИЌЊИ АКБАР" ВА ИМОМИ АЪЗАМ ШУБЊА МЕКУНАД? А. Холиќов (сањ. 350) иддао мекунад, ки худи Абўњанифа дар "Ал фиќњ-ал-Акбар" Ќуръонро на махлуќ, балки холиќ шумурда, њамчун китоби Худованд рањнамои муъминин эътироф намудааст". Ба маълумоти муаллиф мерасонем, ки мавзуи халќи Ќуръони карим дар замони Имоми Аъзам Абўњанифа чуноне ки љанобашон мефармоянд, матрањ набуд, худи Имоми Аъзам њам дар китоби худ "Ал-Фиќњ-улАкбар" дар бораи холиќ будани Ќуръон чизе нагуфтааст. Љаноби Холиќов, ин сухани шумо дар бораи "Ал-Фиќњ-ул-Акбар" тўњмат аст. Назари Абўњанифа дар мавриди Ќуръон тавре ки дар китобаш "Ал-Фиќњ-ул-Акбар" омадааст, чунин аст: "Валќуръон каломуллоњи таъоло фил масоњифи мактубун ва фил ќулуби мањфузун ва ъалал алсини маќрун ва ъаланнабийи ъалайњис-салоту вас-салому муназзалун ва лафзуно билќуръони махлуќун ва китобатуно лању махлуќатун ва ќироатуно лању махлуќатун вал-ќуръон ѓайру махлуќин" (яъне Ќуръон каломи Аллоњ таъолост, ки дар сањифањо навишта шудааст ва дар ќалбњо мањфуз асту рўи забонњо хонда меБознашр аз рўзномаи "Имрўзнюс" (№67 (141) 18 апрели соли 2011)

ХОЛИЌОВ ВА ТАЌЛИД А.Холиќов дар мавриди таќлид (сањ.18-19, њамон китоб) њарф зада, иддао кардааст: "...Таќлид ба њадде расид, ки ба мазмун ва њадафњо диќќат намонд… Њамин тавр, таќлиди кўркўрона муридонро аз воќеияти асли маќсади амал дур намуд. Ин аллаккай омили асосие буд, ки садди роњи инкишоф мегашт. Ин унсур то он дараља дар фиќњ ва дигар илмњои исломї роњ ёфт, ки дар истинботи ањкому аќидат њама равшанфикрони исломї пойбанди он буданд. Њатто бењтарин муљтањидони исломї, ки таљдиди илм ва фиќњро љоиз медонистанд ва дари иљтињодро дар замони муосир ба боз буданаш кўшиш мекарданд (Ю. Ќарзовї, Аллома Шавконї, Ѓазолии муосир ва дигарон) танњо пас аз наёфтани далел аз сањобањо, аз тобиин ва аз пешвоёни исломї рў ба аќл мекарданд…

АБДУРАЊИМ ХОЛИЌОВ - РАИСИ КУМИТАИ ДИН

i

МАВЗУИ КИТОБ Аз номаш маълум мешавад, ки муаллиф њуќуќи исломиро дар ин китоб гирд овардааст. Аммо чї гуна? Худи муаллиф дар сарсухан (сањ. 5) чунин иддао кардааст: "Дар ин китоби таълимие, ки ба омўзиши низоми њуќуќи исломї бахшида шудааст (ба низоми њуќуќие, ки субъектони он бо мањдудияти андешаи динї, ба кўњнапарастї, ба тоќатнопазирию кунљгарої дар замони муосир ном бароварда, садди њама гуна омезишу инкишофи мусбї муаррифї мегарданд) бо усули тарки њама гуна тафриќаю људоиандозињо назар намуда, ба муаррифии љанбањои мусбї, аќлгарої, инсонгарої ва арзишњои умумиинсонии он диќќат дода шудааст". Дар охири сарсухан (сањ. 7) навиштааст: "Албатта, ин нахустин кор дар ин љода буда, орї аз норасоию камбудї буданаш аз эњтимол дур нест. Аз ин дидгоњ умеду таманно дорам, ки њар соњибдилу соњибилме, ки аз лаѓзиши маънї, нукот ва иллати андешае дар ин китоб бархўрдор шуд, њамоно ќалам бар даст гираду сабт созад. Мо њамеша аз маслињату дастурњо ва ислоњи норасоию камбудињо шодем". Банда баъд аз хондани сарсухан ва умеду таманнои А. Холиќов, њангоми вараќ задан ва бо як мутолиаи сарсарї сухани муаллифро ба замин нагзошта, рўи чандин мавзуъ ва андешањои муаллифи он тааммул намудам ва ... ќалам гирифтам. Ростї, шодам, ки бо ин бањона чандин китобу мавзуъњоеро, ки тайи чанд соли ахир ба онњо руљуъ накарда будам, дубора мутолиа кардам. Инак, чанд нуктае, ки рўи онњо бањс кардан мехоњам, муште аз њамон хирмани мутолиаи китобњост. Умедворам, ки А. Холиќов, на танњо намеранљад, балки аз дуоњои некашон низ фаромўшамон намекунад. Худованди таъоло шоњид аст, ки ин њама ба хотири ислоњи худ ва манфиати љомеа анљом мешавад, на чизи дигар.

ХОЛИЌОВ ЌУРЪОН ВА АЊКОМИ ШАРЪИРО НАМЕДОНАД? А. Холиќов дар бораи никоњ бо зинокорон иддао мекунад, ки: "Њатто, тибќи баъзе таълимотњо, уламо нисбатан ќатъитар њукм ронданд, ки бо зинокор - чи мард бошад ва ё чи зан бастани аќди никоњ манъ аст". Тавре Холиќов даъво мекунад ва ќисме аз иддаоњои ўро дар бахши таќлид зикр кардем, ки ба гуфти ў баъзе аз уламо њатто Ю. Ќарзовї баъд аз таќлид ба аќл рўй меоранд, бояд изњор кард, ки њангоми љустуљў ва истинботи ањкоми шаръї кори чунин донишмандони исломї дуруст

14


14

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Ба љаноби Холиќов пешнињод мекунам, ки ваќте дониши мукаммали исломї надоред, аслан, њаќќи дахолат кардан дар умури шаръиро бо ин насаќ надоред ва мардумро бо каљфањмию камфањмии худ гумроњ накунед, бахусус, донишљўёнро! 13 шавад ва бар Набї дуруду салом бар ў нозил шудааст ва талаффузи мо ба Ќуръон махлуќ аст ва навиштани мо барои ў махлуќ аст ва хондани мо барои онро махлуќ аст ва худи Ќуръон ѓайримахлуќ мебошад). Дар ин маврид муфассалтар хонанда метавонад ба китобњои аќидатї, аз љумла, "Ал-Фиќњ-ул-Акбар" ва шарњњои он, Аќидаи Тањовї, Шарњи Аќоиди Ањли суннат ва дигарон мурољиат фармояд. Ба љаноби Холиќов пешнињод мекунам, ки ваќте дониши мукаммали исломї надоред, аслан, њаќќи дахолат кардан дар умури шаръиро бо ин насаќ надоред ва мардумро бо каљфањмию камфањмии худ гумроњ накунед, бахусус, донишљўёнро! Чунки ин миллат аз онњо хеле интизорињоро дорад. Аз мутолиаи ин китоб маълум мешавад, ки А. Холиќов на танњо дар соњаи дин дониши мукаммали динїисломї надорад, балки забони арабиро низ намедонад. Ин надонистани забон мушкили ўро дар рафти гирд овардани маълумот беш аз пеш зиёд кардааст. Ў аз нањви забони арабї њатто љумлањои исмияро, ки нахустин зинањои омўзиши забон аз он шуруъ мешавад, намедонад. Ба њамин хотир, њангоми зикри иборањо по дар њаво менависад. Мисол: "Рияз-ас-солињин" (сањ. 313, њамон китоб), "Ал фиќњ-ал-Акбар" (сањ. 350, њамон китоб), "Ас-сияр ал Кабир"(сањ. 451, њамон китоб), дониши А. Холиќов дар ин замина он ќадар кам аст, ки њатто ќудрати та-

Холиќов, бо камфањмию каљфањмии худ мардумро гумроњ накунед миз ва фарќ кардани мубтадову хабарро дар љумлањои исмия надорад. Ин номњо, ки аз як ибораи арабии дукалимагї таркиб ёфтаанд, љумлањои исмї ном доранду барои њамеша мубтадову хабари онњо марфуъ аст, яъне Рияз-ус-солињин, Ал фиќњул-Акбар ва Ас-сияр-ул-Кабир ном бурда мешаванд ва шакли дурусти навишташон низ њамин аст, на чуноне ки А. Холиќов зикр кардааст. Дар илми сарфи забони арабї низ А. Холиќов мелангад. Мисол: "Фаќењони таассуб"(сањ. 106, њамон китоб), "занони њамлро"(сањ. 207, њамон китоб). Бояд гуфт, ки таассуб ва њамл исманд на сифат ва њангоми он дуро ба шакли сифат таблид додан шакли арабиаш мутаассиб ва шакли дигараш таассубгаро ва њамл низ ба њомила бояд иваз шавад. Дар робита ба сињњати ањодиси дар ин китоб зикршуда бањс намекунам, чунки аксари кулли ин њадис бе зикри санад ва матн оварда шудаанд ва дар хусуси сињњату носињњати онњо аслан њарфе гуфта нашудааст. Боварї њам надорам, ки њадди аксар нисфи ин њадисњо њам бо шакле, ки зикр шудаанд, сањењ бошанд. Ба хотири сарфи ваќт ва сиёњ накардани ин сањифа ќисмати њадисро ба ўњдаи донишмандони исломї ва исломшиносони кишвар вомегузорам.

Умедворам, ки эшон назари худро дар ин маврид хоњанд гуфт. ЯК МУАЛЛИФУ ЧАНД УСЛУБ ВА Ё БАРЪАКС? Чизе, ки њангоми мутолиа барои як хонанда норўшан боќї мемонад, ин аст, ки оё ин китоб зањмати як нафар аст ва ё хайр? Чунки таљриба нишон додааст, ки як муаллиф барои диќќати хонандаро љалб кардану услуби нигориши худро дар зењни ў љо кардан одатан як услуби тахриљи сарчашмањо, оятњои ќуръонї ва ањодиси Набавиро ба кор мабарад. Аммо дар ин китоб танњо дар тахриљи оятњои Ќуръони карим беш аз панљ услуб ба кор гирифта шудааст, барои мисол: 1. "(Сураи 45, оёти 18-17(мобаъд танњо раќамњо), инчунин, нигаред: 42: 13-11"(сањ. 52, њамон китоб). 2. "(45. оя. 18.) ва бо иловаи ишора дар њошия: Ќуръони Карим. тарљ. Мањдии Ќумшоњи,-Тењрон:1370 (сањ. 74, њамон китоб)". 3. "Сураи "Баќара", ояи 236" (сањ. 206, њамон китоб). 4. "Дар ояи 8, Сураи Њашр омадааст:" (сањ. 231, њамон китоб). 5. "Дар Ќуръон, дар сураи "Нисо", ояи 19, рукуъи се омадааст:" (сањ. 283). Илова бар оятњои ќуръонї чизи дигаре, ки аз як муаллиф доштани ин китоб зењни хонандаро халалдор месозад, бо иловаи тарзи услуби баён ва шакли љумлабандї, истифодаи

номи Њазрати Парвардигор бо забони тољикию арабї мебошад. Барои мисол, муаллиф номи Офаридгори оламро дар мавќеъ (сањ, 19, њамон китоб) бо њарфи хурд, яъне "худованд", "илоњї" ва дар љойњои дигар бо њарфи калон Худо, Худованд, Офаридгор навиштааст. Лафзи арабиашро (дар сањифаи 40 ва љойи дигар) "Оллоњ" менависаду дар боќимонда мавридњо "Аллоњ" ва ѓайраву њоказо… Банда бо ин муште аз хирмани "Њуќуќи исломї"-и А. Холиќов, гуфтанї нестам, ки он аз камбудиву норасоињо орї намебошаду он сад дар сад ва њамчун амонатдор дар тарљумаи оятњои Ќуръон ва њадисњои Паёмбар(с) њаќќашро адо кардаасту нукта ба нукта онњо бо асли матн санљида баромадааст, не, воќеан, чунин накардааст. Дар тарљумаи оятњои Ќуръон камбудї хеле вуљуд дорад ва дар ањодиси Паёмбар (с) бошад, зиёдтар. … АММО НА ХУЛОСА Бо ин њама намегўям, ки дар ин китоби "дарсї" бо чї далелу мантиќ муаллиф аз аќоиди Арастуву Афлотун ва ѓайрањои тоисломї то ховаршиносни ѓарбї… ва таърифу тавсифи шоирони классик бо зикри порчае аз абёташон меорад? Сањифапуркунї ё худнишондињї, ки мана ман инњоро низ медонаму мешиносам.

Ба навиштаи ин китоб, китоби мазкур (Њуќуќи исломї) бо тавсияи Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14.07. 2010 тањти раќами №3-01/130 ба чоп расидааст. Ва бо Ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон њамчун китоби дарсї барои Донишкадаи исломї ва факултетњои њуќуќи байналмилалї ба чоп тавсия шудааст. Во аљабо, ваќте кас раис мешудааст, китобаш бе ташхису баррасии донишмандони асили соња дарњол барои чоп ва тадрис тавсия мешудааст? Умедворам, ки баъд аз чопи ин матлаб олимони саршиноси кишвар, донандагони хуби Ќуръон, њадис ва мазњаби Њанафї ба ин китоб бо назари наќд аз нигоњи инсоф менигаранд ва ба хонанда мегўянд, ки чї китоберо дар даст доранд. Њамчунин, умед аст, ки њайати мушовараи Вазорати маориф Ќарорашро бознигарї мекунаду дигар донишмандони асили исломї низ ба наќду баррасии ин китоб камар мебанданд. Њамчунин, бо мутолиаи ин китоб, ки банда онро њаргиз арзишманду лоиќи тадрис намењисобам, хонанда бо суњулат дармеёбад, ки муаллиф андешањои мухталифро аз аќоиди рофизия, муътазила, шиъї, салафия ва ѓайра истинод карда, ба онњо такя мекунад ва мазњаби ањли тасаннунро аз ташаййуъ поинтар мебинад ва низ дар аркони имон як рукни дигар, яъне имон овардан бо имомони ањли ташаййуъро аз љумлаи вољибот медонад… Амруллоњи НИЗОМ


№45 (321), 29-уми январи соли 2013

15

Њамаи дўконњои маљаллафурўшии шањрро тагурў кардам, вале як дона њам маљалла барои хурдсолон дарёфт карда натавонистам (!). Аз "Алладин" то "Анушервон"-у "Чашма" - ро пурсон шудам. Баъзе дўкондорон њатто изњор намуданд, ки ин номњоро бори аввал мешунаванд. АЗ БУЗУРГОН БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ДИНИ ИСЛОМ ВА РАСУЛИ ОН МУЊАММАД (С) "Дар Ќуръон њаќиќатњо чунон зиёданд, ки ман ба як чиз шубња надорам, ин њама мазмунњои олї ва њаќиќатњо офаридаи илми илоњиянд" Т.В.ПЕРСО, профессор, донишманди маъруфи соњаи анатомия, педиатрия ва беморињои љинсї, Донишгоњи Манитоби Канада ***** "Аз маълумоти Ќуръон рољеъ ба он,ки кўњњо сатњи заминро тањким мебахшанд, ба чунин хулоса омадам: Донишњои дар Ќуръон љойдошта фавќуллода аљибанд ва тахмин мекунам, ки имкон надорад онњоро инсон навишта бошад. Ман эътиќоди ќавї дорам, ки чизе, ки шумо бигўед, шумо њаќќед, пас он чї дар ин китоб омадааст, арзиши баланди илмї дорад ва ман бо шумо мувофиќам". СВЯДА, профессор, олими машњури Љопон, мутахассиси соњаи геологияи уќёнус

***** "Муњаммад марде буд, ки аз миёни мардуми бутпараст бо иродаи оњанин бархост ва ононро ба ягонапарастї даъват кард ва дар дилњои эшон љовидонии рўњ ва равонро бикошт. Бинобар ин ўро на танњо бояд дар радифи мардони бузург ва барљастаи таърих шумурд, балки сазовор аст, ки ба пайѓамбарии ў эътироф кунем ва дилу љон бигўем, ки ў Пайѓамбари Худо будааст". Карл МАРКС, асосгузори марксизм ***** " Љои њељ гуна шакку шубња нест, ки Пайѓамбари ислом Муњаммад (с) аз бузургони муслињони дунё ост. Он њам муслиње, ки ба тамоми ањли башарият хидмати шоёне кардааст ва ин ифтихорот ва бузургї барои ў бас аст, ки як миллати хунрез ва вањширо аз чанголи одатњои зишт бирањонид ва роњи пешрафтро барўи онон боз кард ва њол он , ки њар марди оддї наметавонад ба чунин кори шигирфе иќдом кунад ва натиља бигирад. Бинобар ин Пайѓамбари ислом сазовори њама гуна эњтиром ва икром мебошад. Шариати Муњаммад (с) ба сабаби мувофиќаташ бо аќлу њикмат дар оянда оламгир хоњад шуд". Лев ТОЛСТОЙ, нависандаи бузурги рус ***** " Ман эътимод дорам ва муътаќидам, ки њама он чизе, ки дар Ќуръон 1400 сол муќаддам нигошта шудааст, њаќиќат аст ва метавонад бо усулњои илмї исбот шавад... Ин илњоми Худованд аст, ки бо маърифаташ тамоми оламу одамро фаро гирифтааст. Пас ваќти он расида, ки бигўем: Нест Худое ба љуз Аллоњ ва Муњаммад расули уст!" Теятат ТЕЯСЕН, профессор, мудири кафедраи анатомия ва љангшиносии Донишгоњи Чианг Мани Тайланд ***** " Агар ман пештар аз Ќуръон хабар меёфтам. Кўркўрона дар љустуљўи њалли илмї намегаштам ва дастури рањнамо медоштам" Морис БЮКАЙ, академик, донишманди маъруфи соњаи тибби Донишгоњи Париж Гирдоваранда њољї Савриддин СОЊИБЗОДА, сокини ноњияи Файзобод

?-И БОБ

ЧАРО?

СУРАТИ ГЎЁ

ОЁ ЭРОН БА ЊАВЗАИ АМУДАРЁ АЛОЌАМАНДЇ ДОРАД? - Дар як бањси масъалаи оби минтаќаи Осиёи Марказї бахусус њавзаи Амударё коршинос Њомид Орифов дар сомонаи "TojNews" ба саволи хонандагони сомона гуфта буд, ки "Барои њалли масъала бояд як комисияи њавзаи Амударё таъсис дода шавад ва созишномае бо иштироки намояндагони ваколатдори Ќирѓизистон, Афѓонистон, Тољикистон, ?збакистон, Туркманистон ва Эрон тањия ва ба имзо расад. Аз ин посухи коршинос метавон дарк кард, ки њамаи кишварњои њавзаи Амударё, ба љуз Эрон ба Амударё алоќамандї доранд. Овардани номи Эрон дар ин посухи Њомид Орифов бесабаб нест. Шояд ягон рўди Эрон ба Амударё аз тариќи ќаламрави давлати Туркманистон љорї бошад? Агар чунин аст ва мо дар ин бора иттилоъ надорем, хоњиш мекунем ба ин масъала рушанї андозед. Амридин КЕНЉАЕВ, сокини шањри Душанбе - Ба иттилои хонандагони мўњтарами њафтаномаи "Нигоњ" мерасонем, ки Амударё ё Љайњун пуробтарин рўдхонаи Осиёи Марказї аст, ки аз кўњњои Помир сарчашма гирифта ва њудуди 1126 км аз он дар ќисмати шимоли Афѓонистон бо Тољикистон, Ўзбакистон ва Туркманистон љорї аст. Ин рўд ба таври таърихї дар њудуд ё сарзамини бостонии Эрон ќарор дошта ва дар осори асотирї низ марзи Эрон ва Тўрон ба шумор меравад. Ин рўд дар гузашта дар даврае ба бањри Хазар мерехт. Баъдњо масири он таѓйир карда ба бањри Арал мерезад. Дар ќаламрави Љумњуриии Исломии Эрон рўдхонањои зиёде њастанд, ки баъд аз сарчашма гирифтан аз дохили Эрон ба бањри Хазар (аз Мозандарон) мерезанд. Аз љумла метавон рўдхонањои Атрек ва Таљинро ном бурд, ки баъд аз сарчашма гирифтан аз кўњњои остони Хуросони Эрон ва баъд аз гузар аз кишвари Туркманистон ба бањри Хазар мерезад. Аммо рўдхонаи муњиме, ки аз дохили Эрон сарчашма бигирад ва ба њавзаи Амударё ворид гардад умуман вуљуд надорад. Ба саволи Шумо масъули фарњангї ва матбуоти Сафорати ЉИЭ дар Тољикистон Њусейн ШЕРХОНЇ посух дод.

БИДУНИ ШАРЊ

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

ИН ЧЇ БАЧАГИЮ ИН ЧЇ БОЗЇ АСТ?

НАЗАРЕ БА ГУЗАШТА... ЊИКМАТИ "ЊАШТУМИ МАРТ" - Одатан дар замони Шўравї рўзи 8-уми мартро тантанавор љашн мегирифтанд. Он рўзро њама бо нишоту хурсандї ид мекарданд. Дар ин рўз мардњо ба занњо бештар хушомад мезаданд. Бо гулу гулдаста ва тўњфањо хотири бонувонро боло мебардоштанд. Њатто баъзе мардон дегу кафлесро соњибї карда, занњоро даст ба оби хунук задан намемонданд. Бо гузашти айём рўзи 8-уми мартро рўзи модарон эълон карданд. Аммо он њамњамаю дабдаба њоло онќадар љои худро нагирифтааст. Љамъомаде мегузаронанд. Як ду се мард баромад карда, бо суханњои ќолабї бонувонро табрику тањният мегўянд. Баъзењо аз шеърњои шоирон иќтибос меоранд: "Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодае дар љом мемондем мо..." Ва ѓайра. Сухани табрикї ба яке аз коргари шўхтабиати корхона дода шуд. - Модарон ва хоњарони гиромиќадр, њамаи шуморо ба ин рўзи фирўз табрику тањният намуда, шумоёнро доимо болонишин дидан мехоњам. Дар њама соња боло бошед. Бигзор, мо мардњо хонашину бачабон бошему шумо азизонам дар сањрою бозор ва сари дастгоњњо араќи љабин резед. То ки мамлакат аз дасти шумо гулзор бошад ва то љањон бошад, бошед Шумо! "Њокимият гар ба дасти ЗАН саросар мегузашт, Мардњоро бештар буд кайфи дунёву замин...! Инчунин аз фурсат истифода бурда таманно дорам, ки кори њељ кадоматон то соли оянда ва минбаъд ба МОДАРАМ наафтад!!! - Модаратон чї кора?... - аз њар љои толор садо баланд шуд. - Пеш аз он ки ба ин саволатон љавоби кўтоњаке гўям, аввало шумоёнро огоњ менамоям, ки орому осуда бошед. Худро ба даст гиреду маро сарзаниш накунед. Яъне модари ман ПОКШ?!!! Толор ба љунбиш даромад. Баъзењо механдиданду баъзењо дар њаќќи он марди хушсўњбат чи гапњое намегуфтанд. Он мард куљое ѓайб зада буд. Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе

Шароиту њаёти хурдсолону кўдакони Русияро мебиниву њавасат меояд. Ана, инро давраи бачагию бозиву шодии кўдакї мегўянд. Пеш аз он ки њар як биноро созанд, дар куљо, чигунагии майдончаи бозии бачањоро низ дар он љо ба наќша мегиранд. Дар назди њар бино майдончаи худ. Њайкалчаву наѓмачањои гуногуну оростаи рангоранг, ки як майдонча аз дигараш фарќ дорад. Њатто барои њар синну соли људогона, як гўшаи људо, сар аз ќуттии хокбозї то кашкашакњои варзишиву майдончаи волейбол. Дар бисёре аз марказњои савдову маѓозањо гўшањои фурўши китобњоро метавон дид. Мебиниву, албатта, ба худ хоњї гуфт, "эњ, чї хушбахтанд кўдакони Русия!", ё мегўї, ки "эњ, ин дафъа кўдакиям кош дар Русия гузарад". Китобу китобча, маљаллаю њафтаномањои рангобаранг барои аз навзодон сар карда, то пиронсолон рафњоро оро медињад. Китобњо барои њама синну сол ва мусоид ба њама њамёнњо интихоби васеъ пешнињод менамояд. "Энциклопедия"-њо барои хурдсолонро дида лаззат бурдам. Чї хушбахтед, хурдсолони Русия! Њанўз он чизе, ки худ шоњид будам аз он мисол овардам, шароити тањсили онњо дар мактабњо чї гуна ва бо кадом методњо ба роњ монда шуда бошад, намедонам. Танњо шунидаам, ки техникаи муосир њамаљониба мавриди истифода ќарор дорад ва инчунин мактаббачањои њамаи шањрњои Русия имконияти бо њам робита карданро доранд. Акнун, биёед, боре ба њаёти хурдсолони Тољикистон назар афканем. Майдончањои бозии назди биноњо нест, гўем њам, хато намекунем. Ва агар куљое њаст, он ба истгоњи автомашина табдил дода шудааст. Инро њамаи мо медонем ва њар рўз мебинем. Кўдакони Тољикистон ба љуз хирсакчаю лўхтакчањои зањрноки хитої дигар бозича ва њам љои фароѓату бозї надоранд. Ин "хидмати" мансабдорон тўли бист соли истиќлолият мебошад. Њамаи дўконњои маљаллафурўшии шањрро тагурў кардам, вале як дона њам маљалла барои хурдсолон дарёфт карда натавонистам (!). Аз "Алладин" то "Анушервон"-у "Чашма" - ро пурсон шудам. Баъзе дўкондорон њатто изњор намуданд, ки ин номњоро бори аввал мешунаванд. Якеи дигараш гуфт, ба ин маљаллањо танњо тариќи мактабњо обуна мешаванд ва онњо дар фурўши озод нестанд. Обуна? Дар Тољикистон (хусусан дар вилояти Суѓд) обунашавї њасту маљаллагирї нест - ку. Ба дилхоњ мактаб равед ва аз дилхоњ хонанда пурсед, ки оё ба ивази 20 - 30 сомонии обунапулии додааш ягон бор шакли њамон маљалларо дидааст? Айб дар кист? Куљо меравад обунапулї? Оё моњномаи дўстдоштаи давраи хурдсолиам "Чашма" нашр мешавад, ё не? Адади нашраш чанд аст? Чаро ба њамаи ноњияву шањрњои Тољикистон дастрас нест? Хуб, назар меафканем ба маѓозањои китобфурўшї. Садњо китобњои рангобаранги афсонањо барои хурдсолон мављуд аст, аммо њамааш бо забони русї. Фаќат Калабоку Машаю медведеду лиса ва њоказо. Њамон шоиру нависандагони њамду санонавис, биёед, боре васфи мансабдоронро канор бигзореду чизи боарзишеро барои кўдакон эљод намоед. Вой бар њоли хурдсолони Тољикистон. Ин чї бачагию ин чї кўдакї аст? Ин чї бепарвої ба насли ояндаи тољик аст? Љалолиддин МИРЗОЕВ

Диќќат Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ мурољиат кунед. Суроѓа:шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона-музейи Мирзо Турсунзода ё ба масъули сањифаи «Нигоњи мардумї» бо шумораи телефонии 985 60 86 85 занг занед. Њамчунин, ба почтаи электронии

ТАСЊЕЊ Дар шумораи №42 (318), чоршанбе, 9-уми январи соли 2013 "Нигоњ" бо сабаби техникї дар чопхона ба љойи акси Зафар Азимов - акси Амирќул Азимов нашр шудааст. Њайати эљодии "Нигоњ" аз вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ Амирќул Азимов ва раиси Шўрои адлия Зафар Азимов узр мепурсанд.

Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, Тел:985 60 86 85, E-mail: nigoh_tj@inbox.ru


16

№45 (321), 29-уми январи соли 2013

Инак раќами телефони Саидро навишта гирифт. Ба ў занг зад. Саид садои ўро зуд шинохта гуфт, ки хеле хавотир шуд ва њоло куљост? Таъќид кард худи њозир дар таксї нишаста ба назди истгоњи "Тарасовка" ояд. Ў инљо ўро интизор мешавад.

ПУРБИНИ НИГОЊ

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Исњолпул

Дар љустуљўи тољик

Фавора об мепошиду насим заррањои хурди обро ба атроф мепошид. Дар атрофи он писарчае хурдакак, ки гўё имрўз роњравиро омўхта бошад бо њаяљон ќадам мезад. Аслиддин дар яке аз харакчањои атрофи фавора нишаста буд ва ин манзараро тамошо мекард. Ба назари ў чунин менамуд, ки гўё писарча доим дар банд буду нав ўро озод карданд ва ў бо завќ ќадам мезанад, мегурезад, намехоњад ўро доранд, намехоњад озодиашро аз даст дињад. Модари писарча аз паси ў гашта, бо телефони дастї ўро аксбардорї мекард. Аслиддин мехост андешањои парокандаашро сарљамъ орад ва ба суоли "чї бояд кард?" посух ёбад. Дар ин њол чашмаш ба рањгузари сарсиёњ афтод. "Ў тољик аст.." аз дил гузаронд Аслиддин ва беихтиёр аз љой бархоста ба дунболи ў шитофт. Ваќте байни онњо як ќадам масофа монд садо кард: - Салом алейкум! Рањгузар ба Аслиддин нигоњ карда боњайрат даст дароз карда, бо овози паст ба салом алейк гуфт. - Бародар, шумо тољикед? - пурсид Аслиддин. - Ман њам тољик, њам ўзбек, ман, њамаш ман.. Чї буд? - њанўз њам дар чењраи рањгузар як њисси изтироб ва нобоварию эњтиёткорї намудор буд. Сипас Аслиддин воќеаро кутоњакак наќл намуда, маќсадашро фањмонд, ки барои як шаб љои хоб даркор, ё нишонае аз љои истиќоматии бачањои тољикро дињад. Рањгузар љавони тахминан 25 сола менамуд. Ў ба забони тољикї бо мушкилї сухан мегуфт. Аслиддин аз ўзбак будани ў пай бурд, њарчанд чењрааш симои тољикї дошт. Аммо барои Аслиддин њоло ваќти фарќ гузоштан миёни ўзбаку тољик набуд. Барои ў њоло дар навбати аввал ёфтани сарпаноње барои шабгузаронї буд. Рањгузар худро Отабек муаррифї кард. Ў пас аз шунидани наќли Аслиддин телефони дастиашро гирифта ба куљое занг зад ва аз назди Аслиддин ду-се ќадам

дуртар рафта гап зад. Сипас, баргашта ба роњравї ишора кард ва њарду ба пайроња рањсипор шуданд. Дар роњ Отабек ба Аслиддин мефањмонд, ки љои хоби онњо "люкс" нест ва шароити на онќадар хуб доранд. Аслиддин гуфт, ки ў собиќаи чандинсолаи муњољирї дорад ва пастию баландињои мардикорї аз сараш гузаштаанд. Отабек љавони хушсўњбат баромад. Тољикию ўзбакию урусиомез ба Аслиддин чизе наќл мекард. Аммо Аслиддин ними суханашро мефањмиду нимашро не, бинобар танњо сар мељунбонд. Лањзае асабаш гўё карахт шуда буд. Роњ мерафт, сар мељунбонд, аммо фикраш дар дигар љой.. "Худоё, охир, ман ўзбакро њамроњ бо забонаш чашми дид надорам, чаро мўњтољи ин миллатам кардї? Худоё, тавба ин чї рўз буд… Ба ин рўзњо њам расидам…" Аслиддину Отабек ба назди як бинои нимбудаи шашошёна расиданд. Атрофи биноро деворњои тунукагии муваќатї ињота карда буданд. Дарвоза низ тунукапўш буд. Аз даричаи паўлўи дарвоза вориди сањни бино шуданд. Отабек пеш-пеш мерафту Аслиддин аз пасаш. Онњо ба зинапояњо расида ба тањхонаи бино фаромаданд. Роњрави торикро ягона чароѓаки хирае равшанї мекард. Деворњои хиштини сурх њанўз андованокарда буданд. Дар охири роњрав танњо се хона дарњои муваќатї дошт. Дарњоро ба љои ќулф мехи каљкардашуда пўшида нигањ медошт. Яке аз дарњо боз буд. Отабек ба њамон даромад Аслиддинро бо забони ўзбакї даъват кард. Аслиддин ба хона даромад. Дар кате як љавон, ки такя зада буд салом гўён аз љой бархост. Дар кунљи дигари хона як марди тахминан 40 сола дар назди деги барќї меистод. Аслиддин бо њардуяшон дастдарёб салом кард. Хона нисбат ба роњрав равшантар буд. Ќисми зиёди хонаро катњои яклухти дуошёнагї банд карда буд. Дар баландии назди тиреза телевизор бо ДВД меистод, ки Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон

Њ а ф тан ома д ар Ваз орат и ф а рњ ан ги Љу мњур ии Т ољик истон б а ќа йд ги риф т а шу д аас т.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 918 74 75 79

таронањои ўзбакї нишон медод. Бўи намнокї бо бўи хўрокпазї якљо њавои хонаро ѓализ карда буданд. Отабек, он ду нафарро ба Аслиддин муаррифї карда шитобон аз хона баромад. Он љавон бародари Отабек буда, Отамурод ном дошт. Отамурод саркори зиёда аз понздањ коргар буд. Коргарон њамааш њамдењањояш буданд. Марди дигар ошпази онњо буд. Отамурод нисбат ба додараш бо тољикї бењтар сухан мекард. Сўхбати Аслиддин бо Отамурод таспид. Ў ба Аслиддин наќл кард, ки онњо аз вилояти Ќашќадарёи Ўзбакистон мебошанд ва дар дењаи онњо тољикон низ зиндагї менамоянд. Ошпаз камгап буд ва ба сўњбат њамроњ намешуд. Пас аз чанде коргарон паси њам ба хона ворид мешуданд. Дигар дар хона љои ќадаммонї набуд ва њавои бе ин њам нотозаи хонаро бўи араќи бадану пой боз вазнинтар кард. Шароити оббозї фароњам набуд. Танњо дасту рўй ва баъзењо пойњо низ мешустанду халос. Отамурод бо забони ўзбаки ба онњо ќиссаи Аслиддинро кўтоњакак наќл мекард. Аслиддин пай бурд, ки баъзеашон бо шубња ба ў менигаранд. Бинобар аз байни вараќњои шиносномааш чиптаи ќатораро пайдо карда ба Отамурод дод. Отамурод чиптаро гирифта ба нафари дигар дод ва Аслиддинро ба сари миз даъват кард. Аслиддин рад кард, ки аввал бењтараш коргарон хўрок хўранд. Чунки мизу харакчањои худсоз барои хўрок хўрдани 6-8 нафар базўр мерасид. Аслиддин бо бањонае ба берун баромад ва аз фурўшгоњи назди бино ду нон ва дигар хўрокањо харида баргашт. Аллакай як ќисми коргарон хўрокхурда шуда буданд ва ба катњои хоб љобаљо шуда телевизор тамошо мекарданд. Дар телевизор як филми ўзбакї монда шуда буд. Отамурод борхалтаи дасти Аслиддинро дида, эътироз кард, ки харид лозим набуд. Ўро "канї мењмон"-гўён ба сари миз таклиф намуданд. Ошпаз дар косае назди Аслиддин хўрок гузошт ва худ низ ба сари миз нишаста хўрокхуриашро идома дод. Дар миз як шишаи шароб дар ињотаи чанд пиёла меистод. Отамурод, дањони шишаро кушода ба пиёлањо рехт ва ба нишастагон дароз мекард. Аслиддин, шаробнўш набуд, аммо њоло аз ѓаму ноомади кор ќадањ бардошт. Пас аз ќадањи дуввум аз Отамурод хоњиш кард, то барои ду даќиќа бо телефони ў ба Тољикистон занг занад. Отамурод телефонашро ба Аслиддин дода бо забони ўзбакї чизе гуфт. Аслиддин танњо пай бурд, ки ў гуфта бошад бањузур гап занад. Аслиддин дар даст телефон ва коѓазу ќалам ба берун баромад. Аз рўи хотирааш раќами телефони хонаро чид ва занг зад. Гўширо њамсараш бардошт. Пас аз пурсупоси кўтоњ аз ў хоњиш кард аз дафтарчааш, ки дар токчаи хонаи дарун буд, раќами телефони Саидро ба ў гўяд. Њамсараш хуб гуфта, илова намуд, ки модар мехоњад бо ў гап занад. Аслиддин гуфтани буд, ки ин телефони дигар кас аст ва ваќти ў кам аст, аммо модараш аллакай гўширо гирифта салом мегуфт. Аслиддин низ аз кору бор ва сињату саломатии модараш пурсон шуд. Модараш гуфт, ки худро эњтиёт намояд.. Инак раќами телефони Саидро навишта гирифт. Ба ў занг зад. Саид садои ўро зуд шинохта гуфт, ки хеле хавотир шуд ва њоло куљост? Таъќид кард худи њозир дар таксї нишаста ба назди истгоњи "Тарасовка" ояд. Ў инљо ўро интизор мешавад. Аслиддин телефони Отамуродро баргардонда бо њамаашон изњори сипос кард ва хайрухуш карда рафтани шуд. Аммо Отамурод ва ошпаз низ зиддият карданд, ки дар шаб кўча набарояд. Бењтараш пагоњ сањар равад. Аммо Аслиддини якрав дигар даќиќае истодан намехост. Отамурод ўро то истгоњ њамроњї намуд. www.ilhom.wordpress.com

Муродалї АЛИМАРДОНОВ, љонишини сарвазир:

- Њукумат дар сатњи хеле олї мехоњад то ислоњоти заминро анљом дињад чун њанўз корњои зиёде дар ин росто боќї мондаанд. Ба ин далел ислоњоти замин бидуни кумаки ЮСАИД имконнопазир аст. -Рост, ин ќадар рамаву галањои сатњи олї, назди олї ва назди назди олиро кињо ва дар куљо мечаронанд?! Ин Семтаѓо намефањмад, ки ин бойбовоњои нава, ки соњиби обу замину молу њол кардї, акнун кам-кам пул њам додан даркор-дия: О, чанд пули пучака ба ин мардуми подабон аз кисаи худашон дињанд-мї?! Партояд як 200 миллион долларї дига!

Якрў Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ, режиссер: - Рўшанфикр, ё зиёї наметавонад дурўѓ гўяд, наметавонад дар ќалб як фикр дошта бошад, аммо дар забон дигар.

-Ана инро њунар мегўянд: То шумо ягон одам, ба як љумла рўи номи тамоми аъзои Иттифоќи нависандагону кулли мансабдорони њукумат хати бутлон накашида буд.

Искам Олим БОБОЕВ, раиси ЊИИТ: - Шаффофияти интихоботро ташкилотњои нозир муайян мекунанд. Аммо дар хусуси мукаммал будани ќонуни интихобот бояд гуфт, ки агар ин ќонун мукаммал мебуд, аз паи он намешуданд. Ин ќонунро мукаммал кардан даркор. -Акнун фањмидем, ки вожаи ислоњот дар номи њизби шумо тасодуфан наомада будааст. Нашавад, ки боз мавќеъатонро дигар кунед?

Бобовар Амир ЌАРОЌУЛОВ, раиси ЊАТ: - Ман ба таври пурра ба шаффоф баргузор шудани интихобот боварї дорам. Ќонуни интихобот шояд ба ягон таѓйиру иловањо ниёз дошта бошад, аммо он лоињае, ки ањзоби сиёсї пешнињод карданд, дорои нуќсоноти бисёре буд ва мухолифи сарќонуни Тољикистон аст. -Акнун росташро гўед, ки хонда будед њамон 10-12 љумларо ё ягон кас аз нафаќахўрони њамтабаќ њамту наќл кард?

Хапхопмин Абдуѓаффор РАЊМОНОВ, раиси шањри Кўлоб: - Ман дар љамъбасти соли гузашта ба сарвазир гуфтам, ки мушовири давлатии президент оид ба сиёсати минтаќањо бояд бошад. Минтаќа тавонад, ки ба кї мурољиат кунад, то пешнињодаш бевосита ба сарвари давлат расонида шавад. - Акаи Абдуѓаффор неки худут соф рисковат каагии! А, мардаки хуб Бобои Нуриддин да у минтаќа ба хута авторитет нестай, ки даъвои мушовир-пшовир кадести?! Хапи мову хапи хдут, то интихобота ранги сарвазир гушора таги тоќї када бгард, бародар!

КотТар Одинашоњ МУРОДОВ, собиќ котиби матбуотии “Амонатбонк”: - Ба ќавли Сафват котиби матбуотие, ки боре дар тарабхонаи ГЖК мењмон нашудааст, кораш оќибат надорад…

- Эња, сирри танќидњои “Амонатбонк” фош шуд-ку! Ё ин усули њам дар наъл задан асту њам дар пошна?

 Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї  Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09

№45 (321). Чоршанбе, 29-уми январи соли 2013  

Умаралї ЌУВВАТОВ: "Метарсам, ки агар сабтњо ифшо шаванд, аз њамин љо зинда намебароям"

Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you