Page 1

Чаро "Платформа" майдони "айб" шуд?

Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол

| №16 (292). Чоршанбе, 11-уми июли соли 2012 |

Ќосими БЕКМУЊАММАД:

Љаноби ИКС:

Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru

Фаридун РАЊНАВАРД:

Тољикистон ва Эрон. Ману эронї.

Боздошти вазири тољик: љурм ё супориши сиёсї? Шарњи сиёсї 3

«Розњои пинњонї»

фейсбук, инќилоб ва мо

5

Бидуни формат

7

Дар ин шумора: мубориза

Тобистони президент Маош ва фасод Вазирони ќирѓиз пора мегирифитаанду вазирони тољик не?

7

Чаро фанни "Маърифати исломї" манъ шуд?!

3 љањон

Ањзоби мухолиф: салоњиятњои президент кам шавад!

11 пурбин

Ёде аз љанги шањрвандї

16


2

№16 (292), 11-уми июли соли 2012

Дар мактабњои миёнаи мо набояд, фаннњои моњияти динї дошта, новобаста аз он, ки кадом дин аст, ба роњ монда шавад". Вазорати маорифи Тољикистон соли 2009 фанни "Маърифати ислом"-ро дар мактабњои миёна ба роњ монда буд.

АЛВИДОЪ

ДАЊШАТ

Хайрухуш ва ваъдаи Кен Гросс Ман минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тољикистон талош хоњам кард, - чунин ваъда додааст Кен Гросс, сафири собиќи ИМА дар Тољикистон зимни хайрухуш бо президент Эмомалї Рањмон.

Эмомалї Рањмон Президенти кишвар бинобар анљом ёфтани мўњлати фаъолияти

дипломатии сафири фавќулодда ва мухтори Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон

Кен Гроссро ба њузур пазируфт. Эмомалї Рањмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Т ољик ис то н б ањ ои б ал анд дода, изњор доштааст, ки вай дар раванди рушди муносиботи дўстона ва њамкории судбахш и Тољики стону Амрико наќши намоён доштааст. Дипломати амрикої њам наќши Тољикистонро дар минтаќа муњим номида, изњори боварї намудааст, ки наќшаю барномаои кунунї ва ояндаи њамкории Амрико бо Тољикистон самарањои боз њам бештар хоњанд дошт. Зимнан Кен Грос њамчунин аз мењмоннавозї ва фарњанги баланди мардуми Тољикистон ёдовар шуда, ваъда додааст, ки "минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тољикистон талош хоњад кард". Мењрафзуни АБДУЛЛО

ЊАМСОЯ

Маликшо Неъматов: Хатсайри Тошканд ба мо маълум нест Варзишгароне, ки аз хатсайри Тошканд вориди Тољикистон мешаванд, хати сайри онњо даќиќ маълум нест, то мо онњоро пешвоз гирем. Барои њамин, онњо гила мекунанд, ки Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёоњї моро пешвоз намегирад, -мегўяд Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи мазкур. - Ба гуфти Маликшо Неъматов, варзишгароне , ки ба ќарибї аз Тошканд баъди иштирок дар бозињои варзишї баргаштанд, аз мо гиламанд набошанд. Зеро хатсайрњои Тошканд ба мо маълум нест. Аксарияти варзишгарон тавассути хатсайри Суѓд ё бо тариќи роњњо бо ноњияи Турсунзода вориди кишвар мешаванд, ки мо дар мавриди соати расидани онњо иттилои даќиќ надорем. Бояд Федератсияи варзиш омадурафти онњоро танзим кунад. Маликшо Неъматов мегўяд, -

рўзе варзишгарон аз Бозињои олимпї ба ватан баромегарданд, шахсан ду маротиб ба пешвози онњо ба фурудгоњ меравам. Гурўњи варзишграоне, ки аз Тошканд баргаштанд, мо бо айби он ки омадани онњоро намедонистем, ин тасодуф афтид ва хело њам афсўс мехўрем. Сарфи назар аз кўтоњдастии бахши молиявии мо, барои рушди касбии варзишгарон ва иштироки онњо дар Бозињои олимпї талош дорем. Харљи маблаѓ кори сода нест, масалан, барои Расул Боќиев ба-

рин варзишгар ва сафарњои ў њудуди 100 њазор сомонї маблаѓ лозим мешавад. Зимнан дар Тољикистон 35 њазор варзишгар аз рўйи 57 намуди варзиш тамрин мекунанд. Ва 1100 (њазору сад) варзишгар аз Тољикистон дар олимпиадањои байналмилалї иштирок мекунанд. Њарамгули ЌОДИР

ДИН

Чаро фанни "Маърифати исломї" ќатъ карда шуд?! Аз ин ба баъд дар мактабњои миёнаи тањсилоти њамагонї фанњое, ки моњияти динї доранд, таълим дода намешаванд.

Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар зимни нишасти матбуотї иттилоъ дод . Ба гуфти вазири маориф, манъ шудани фанни "Маърифати исломї" дар мактабњои миёна сариваќтї буд. Зеро, Тољикистон кишвари дунёвї аст ва мо бояд, ки фанњои дунёвиро таълим дињем, на ин ки диниро.

Дар мактабњои миёна фанни алифбои ниёгон таълим дода мешавад. Омўзиши хатти форсї хуб аст. Дар мактабњои миёнаи мо набояд фанњои моњияти динї дошта, новобаста аз он, ки кадом дин аст, ба роњ монда шавад". Вазорати маорифи Тољикистон соли 2009 фанни "Маърифати исломї"-ро дар мактабњои миёна ба роњ монда буд. Аммо ба зудї таълими ин фан дар макотиб ќатъ карда шуд. Абдуљаббор Рањмонов, собиќ вазири маориф, ки дар ваќти вазирии вай ин фан, ба истилоњ баста шуд, сабабњои манъ шудани фанни мазкурро дар мукаммал набудани барномаи таълимї, сифати китоби дарсии

маърифати исломї ва норасоии омўзгорони ин фан унвон карда буд. Аммо, он ваќт вазири собиќ таъкид карда буд, ки дар пайи тайёр шудани омўзгорон ин фан дубора мавриди омўзиш ќарор дода мешавад. Аммо акнун Нуриддин Саидов мегўяд, Вазорати маориф њеч зарурати таълими ин фанро ба талабањои мактабњо намебинад. Зимнан роњандозии барномаи таълимии фанни"Маърифати исломї" дар мактабњои миёна дар њамкорї бо доирањои динии кишвар, коршиносон ва дастгирии молиявии ташкилотњои байнавлмилалї тањия шуда буд. Мењрафзуни АБДУЛЛО

Латукўби намояндаи «Тољик эйр» дар Петербург Намояндаи ширкати њавопаймоии "Тољик эйр" Ќиёмиддин Саидов дар шањри Санкт-Петербург зери латукўби полис ќарор гирифт.

Тавре ба TojNews Шањло Наљмиддинова-хабарнигори мустаќил хабар дод, латукуби Ќиёмиддин Саидов шаби 6-ум ба 7- уми июли соли равон, таќрибан, соати яку ними шаб, њангоми гусел кардани мењмонон аз тарабхонаи "Питерский" шањри Санкт-Петербург рух додааст. - Кормандони полис омада аз Ќиёмиддин ва мењмонони ў њуљљат талаб кардаанд. Кормандони полис, ки бо онњо даѓалона рафтор карданд, њуљљатњои худро пешнињод кардаанд. Намояндаи Ширкати "Тољик эйр" гуфтааст, "онњо мењмон њастанд, бо мењмон ингуна рафтор кунед, бо дигарон чї кор мекнед?" Кормандони полис Саидовро дашном дода, ба дастонаш завлона задаанд ва секаса ўро зери латукуб ќарор додаанд. Дар натиља Ќиёмиддин Саидов љароњати вазнин бардошта, сутунмўњра, ќабурѓа ва маѓ-

зи сараш зарбањои шадид хўрдаанд. Ќиёмиддин феълан дар беморхонаи Мариский шањри Санкт- Петербург дар њолати бењушї бистарї мебошад,- гуфт Шањло Наљмиддинова. Ба гуфтаи Шањло, ки њамза мо н д ар ма ќомот и с уд ии шањри Санкт-Петербург њамчун тарљумон фаъолият мекунад, ингуна шиканља ба сари муњољирони тољику узбак ва дигар миллатњое, ки муњољир шуда меоянд, зуд- зуд меояд, маќомоти дахлдор ё ташкилотњои хориљї оид ба хуќуќи инсон, ба ин амалњои номатлуб таваљљўњи чандон љиддї зоњир намекунанд. Ќиёмиддин Саидов, аввалин намояндаи ширкати њавоп ай мои и " То љик э й р" д а р ќаламрави Русия мебошад. Фарзона АШЎРМАДОВА

ФИШОР

Њушдори генерал Леонид Ивашов бо Тољикистон Генарал Лоенид Ивашов, муовини сардори Академияи илмњои геополитикии Русия дар як сўњбаташ ба хабарнигорон иќдомњои пешгирифтаи Амрико дар Осиёи Марказиро дахолати ошкоро ба сиёсати мустаќили ин кишварњо донистааст. Бино ба навиштаи хабаргузории "Форс", Леонид Ивашов зимни арзёбии баёнияи намояндаи парлумони Амрико изњор доштааст, ки мардум низомиёни амрикоиро тањти фишор ќарор дода, хоњони ихрољи онњо аз Осиё њастанд, аммо Амрико дар талоши боќї мондани низомиёнаш дар Осиёи Марказї буда, Тољикистон ва Ўзбакистонро зери чашм кардааст". Леонид Ивашов ишора ба рўйдодњои охир дар минтаќа кардааст, ки дар њар кишваре амрикоињо маќсади сари ќудрат омадан карда бошанд, ќаблан он љо бо роњандозии инќилобњои рангин, барои њузури низомиёна замина фароњам овардаанд. "Агар Тољикистон барои њузури низомиёни Амрико дар ќаламраваш иљозат дињад, бе чуну чаро тањти фишорњои ша-

диди Русия, Чин ва Эрон ќарор хоњад гирифт ва ин иќдоми Душанбе барои ин се кишвар, ки шарикони Тољикистон мањсуб меёбанд, иќдоми номатлубе дониста хоњад шуд". Леонид Ивашов бар он бовар аст, ки Амрико бо њузури низомии худ дар се кишвари Осиёи Марказї (Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ўзбакистон) даст ба иќдомњое хоњад зад, ки дар минтаќањои наздимарзии Покистону Афѓонистон зада буд. Бояд гуфт, ки Дэн Бэртон, як намояндаи баландмаќоми Амрико пас аз дидораш бо президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, ба хабарнигорон гуфта буд, Амрико маќсад дорад, ин кишварро њамчун љойгузини пойгоњи Манас баъди соли 2014 интихоб намояд. Рустами САФАР


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

3

Ин аст, ки вакили мудофеи Собиров тасмими «Ата Мекен»-ро аљулонаву зудњангом дониста, зимни таъкид бар набудани далоили ќотеъ ба даст доштани вай дар ришвахорї, гуфтааст, ки танњо њукми додгоњ муљрим будани касро тасдиќ мекунаду бас.

СУДЊОИ МО

ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ

Нигаронии Шўрои адлия аз истифодаи методњои кўњна дар судњо Арзу шикояти зиёди шањрвандон ба Шўрои адлия, аз рафт ва натиљањои фаъолияти судњо эътибори судњоро хатчадор мекунад, - гуфт Зариф Азизов, раиси Шўрои адлияи Тољикистон зимни нишасти матбуотї. Ба гуфти мавсуф, давоми шаш моњи соли љорї 572 арзу шикояти шањрвандон ба дастгоњи Шўрои адлия ворид шудааст, ки аз сифати кори судњо норозигї баён кардаанд. Бинобар суханони Зафар Азизов, дар љомеа њанўз кори на њамаи судњо ба меъёрњои байналмилалии њуќуќи шањрвандї мувофиќ карда шудааст. - Ва ё онњо дар кори худ аз рўи методњои кўњнашудаи фаъолияти судї истифода мекунанд. Дараљаи

баланди касбият дар кори ќисме аз судњо мушоњида намегардад, - гуфт раиси Шўрои адлия. Зафар Азизов аз сарнавишти ќарорњо ва њукмњои судї ёдовар шуда гуфт, њолати бекоршавии ќарорњои судї дар фаъолияти судњо бозгўйи он аст, ки дар татбиќи ќонунњо дараљаи донишу касбият дар сатњи зарурї истифода намегардад. Дар мўњлатњои муќарраргардида омода накардани ќарорњо ва про-

токолњои маљлиси судї ва ба тарафњо сари ваќт насупоридани нусхаи санадњои ќабулгардида, ба иљро пешнињод нашудани ќарорњо ва таъмин набудани назорати иљроиши онњо аз љиддитарин масъалањое мебошанд, ки барои бартараф намудани онњо Шўрои адлия ба судњои љумњурї дастуру супориш додаст, -гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Шўрои адлияи кишвар. Саидаи НУРАЛЇ

МАОРИФ

Дигаргунї дар ќабули њуљљатњо ва имтињонњои ќабул дар мактабњои олї Мўњлати оѓози имтињонњои давлатї дар мактабњои олии кишвар бинобар кашол ёфтани раванди аттестатсупорї ба хатмкунандагони макотиби миёна тамдид шудааст.

Аз Вазорати маориф ба "Нигоњ" иттилоъ доданд, ки бо назардошти кашол ёфтани раванди додани аттестат ба хатмкардањои мактабњои миёна, дар њудуди кишвар 10 рўзи дигар барои ќабули њуљљатњо ба мактабњои олї ва касбї тамдид карда шудааст. Вазорати маориф дар пайи ошкор шудани истифодаи аттестатњои

ќалбакї дастгоњи вазорат дар соли 2011 аз тарафи Агентии зидди фасод имсол тартиби додани аттестат ба хатмкардањои мактабњои миёнаро каме мураккаб кардааст. Њамакнун њар як хатмкарда дар асоси раќам ё серияи мушаххас аттестатро ба даст мегирад ва вазорат дар асоси њамин раќам ба дасти кї афтода-

ни ин санадро зери назорат мегирад. Дар пайи ин ташаббуси мураккабгардонии тартиби аттестатгирї, имтињонњои ќабул 10 август шурўъ мешаванд. Солњои пеш имтињони ќабул аз 1 август шурўъ мешуд. Ќабули њуљљатњои довталабон ба мактабњои олї аз 1-уми июли соли љорї шурўъ шудааст. Тибќи наќшаи ќабули Вазорати маориф, имсол бояд ки 30.300 донишљў ба мактабњои олї ќабул шаванд, ки 70%-и онњо дар асоси шартнома ва боќимонда ба бахшњои буљавї дохил мешаванд. Имсол мактабњои олии кишварро 85 њазор нафар хатм кардаанд. Соли ќабули 2011-2012 беш аз 29 њазор донишљў ба мактабњои олї бояд ќабул мешуданд, аммо ин наќша иљро нашуд. Дар Донишгоњи славянии Тољикистону Русия, Донишгоњи техникї ба номи Муњаммад Осимї, наќшаи ќабул дар бархе аз факултањои шартномавї иљро нашуда буданд. Њарамгули ЌОДИР

ЭЪТИЌОД

74 иттињодияи динии ѓайриисломї дар Тољикистон Бо назардошти таъмин намудани тартиботи љамъиятию амниятии шањрвандон, пешгирї аз њолатњои зиёд будани теъдоди намозгузорон ва воситањои наќлиёт мањалли намозгоњ ба нўњ масљиди панљваќтаи Вањдат ва ду масљид дар Њисор иљозати адои намози љумъа дода шудааст. Дар ин бора Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи кор бо дини назди Њукумати Тољикистон дар нишасти матбуотї иттилоъ дод. Њамзамон, иттилоъ дода шуд, ки айни њол дар маќомоти ваколатдори давлатї

ИЛЊОМИ ЊАФТА БЕСАР ЊАМА САРДОРЊО Беѓам њама ѓамхорњо, бесар њама сардорњо, Аз ваъда пур толорњо, холї њама анборњо. Пур шуд агар сад кисае, холист милйюн косае, Хории миллатро бубин дар кўчаву бозорњо. Хушкида оби рўйњо, гандида оби љўйњо, Пўсида наъши одамї дар чолањо, дар ѓорњо. Оњангашон њанги хару фарњангашон банг асту љанг, Симои миллат зишт шуд аз зиштии кирдорњо. Оне, ки хонї дўстат, кањ љо кунад дар пўстат, Гирдат гирифта чор сў гирдоби гирудорњо. Асъор дорад, пур хўрад, ашъор зери по нињад, Помол шуд аќлу хирад аз тозиши дулорњо. Тири мусалсал оварад ганљинањо, наќдинањо, Мили камонча офарад њинљорњо, меъёрњо. Фарёдњо, афсўсњо аз марги созу сўзњо! Вовайлато, воњасрато аз марги нангу орњо! Бар њоли ту мегирямо, њар лањзае мемирамо Эй халќ, халќи содадил, бо андуњу тиморњо... Лоиќ Шералї, 14-уми июли соли 1996

оид ба дин як Маркази исломї, 42 масљиди љомеи марказї, 355 масљиди љомеъ, 3.432 масљиди панљваќта, як Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї, як љамоатхона, як љамоати динии ѓайриисломї, шаш мадрасаи мутавассита ва 74 иттињодияи динии ѓайриисломї, дар маљмўъ 3.913 иттињодияи динї ба ќайд гирифта шудааст, ки фаъоланд. Зимнан давоми 6 моњи аввали соли љорї 80 адад иттињодияи динї ба ќайд гирифта шудаанд, ки аз онњо як адад масљиди љомеи марказї, 9 адад масљиди љомеъ ва 69 адад масљиди панљваќта ва як Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи исмоилия мебошанд. Фарзона АШЎРМАДОВА

аз Ќосими БЕКМУЊАММАД

Боздошти вазири тољик: љурм ё супориши сиёсї? Дар Ќирѓизистон бо њузури мустаќими мансабдорону сиёсатмадорон он ќадар сањнањои аљибу ѓариб рўй медињад, ки хеле аз онњо на танњо дар кишварњои њамсоя, балки дар дохили худи ин љумњурї низ мавриди таваљљўњи хос ќарор намегирад. Аммо чоруми июни соли љорї дар Ќирѓизистон иттифоќе афтод, ки дар миёни сиёсатмадорону коршиносони ин кишвар гуфтугузорњоеро ба миён овардаву мо низ наметавонем нисбат ба он бетафовут бошем. Манзур аз сўи Кумитаи амнияти миллии Ќирѓизистон ба гумони ришвахорї боздошт шудани Равшанбек Собиров - вазири рушди иљтимої ва раиси Анљумани тољикони ин кишвар мебошад. Албатта, бинобар гуфтаи вакили мудофеи вай, барои боздошти Собиров њеч далели мустаќим вуљуд надошта, танњо дастёраш, ки њангоми дарёфти ришва боздошт шудааст, иќрор кардааст, ки ба дастури вазири худ аз як ширкати хориљї тамаъи пул намудааст. Њамон гуна, ки расонањо хабар медињанд, Собиров љурми худро рад кардаву боздошташро дасиса донистааст. Бархе аз сиёсатмадорон, намояндагони парлумон ва коршиносони ќирѓиз низ бо таваљљўњ ба собиќаи сармоядории ќонунии Собиров, даст доштани вай дар ришваситонї ва он њам аз як ширкати амрикоиро ѓайриимкон хондаанд. Ин аст, ки бештар ба ќурбонии сиёсї шудани Собиров ишора мекунанд. Собиров ним сол пеш аз сањмияи њизби «Ата Мекен», ки узви он буд, курсии вазирии рушди иљтимоии Ќирѓизистонро соњиб шуд. Аммо љиноњи парлумонии ин њизб се-чор рўз пас аз боздошти Собиров аз сарвазири ин кишвар таќозои барканории вайро кард. Аз миёни љумлабандињои печида ва сиёсигунаи ин баёния метавон дарёфт, ки ба њар шакле Собиров муљрим дониста шудааст, зеро дар ѓайри он таќозои барканории намояндаи њизб аз мансаби расмї чї маъное метавонад дошта бошад? Албатта, чизи дигаре њам њаст. Собиров дар остонаи интихоботи ахири парлумонии Ќирѓизистон ба њизби «Ата Мекен» пайваст, дар њоле ки ба далели сармоядор буданаш хеле аз њизбњо пешнињоди дар фењрести номзадњояшон ќарор додани номи вайро доштанд. Собиќаи бисёр мањдуди узвият ва њанўз барои шахсиятњои калидии ин њизб ба «одами худї» табдил нашудани Собиров аст, ки бо вай, ба истилоњ, бо ин роњатї «худоњофизї» мекунанд. Ин аст, ки вакили мудофеи Собиров тасмими «Ата Мекен»-ро аљулонаву зудњангом дониста, зимни таъкид бар набудани далоили ќотеъ ба даст доштани вай дар ришвахорї, гуфтааст, ки танњо њукми додгоњ муљрим будани касро тасдиќ мекунаду бас. Ба бовари бархе аз тањлилгарон, бо ќурбонї намудани Собиров маќомоти нави Ќиѓизистон (нав буданашон шартист, зеро бештари онњо замони Аскар Оќоеву Ќурмонбек Боќиев низ мансабдорони баландпояи ин кишвар буданд), ки мубориза бо фасоду ришвахориро шиори худ ќарор додаанд, мехоњанд ба мардум эътимод дињанд, ки дар баробари њеч касе ба шумули аъзои њукумат гузашт намекунанд. Вале аз моњи апрели 2010 ба ин сў дањњо миллион доллар дар миёни маќомоти нави ин кишвар ѓайб задаву то њанўз касе ба таври љиддї ба дунболи он нест. Њамон гуна ки ишора шуд, дар чунин шароит боздошти Собиров метавонад фурсати муносибе барои машѓул доштани афкори умум ва њатто итминон додани он ба беамон будани мубориза бо фасод бошад. Бидуни шубња, Собиров тољири ботаљриба аст, вале дар сиёсати калон тоза дошт ќадам мегузошт, ки ба зоњир ќурбони раќобатњои дохилии ќудрат (бахусус миёни сарвазир ва раиси њизби «Ата Мекен») шуд. Хушбахтона, дар Ќирѓизистон як миќдор додгоњњо озодї доранд ва умед аст, ки ќазовати одилона воќеиятњоро равшан хоњад кард. Аммо чизе, ки моро дар баробари сарнавишти Собиров наметавонад бетараф гузорад, ин аст, ки вай рањбари пазируфташудаи љомеаи тољиктабори Ќирѓизистон буда ва барои расидан ба ин љойгоњ корњои бисёр зиёдеро анљом додааст. Дар ин матлаб наметавон ба њама иќдомоти раиси Анљумани тољикони Ќирѓизистон ишора кард, аммо ёдоварии чандтои он њатмист. Бо њимоятњои мустаќими молии Собиров дар чор соли пеш дар таърихи муосири Ќирѓизистон бори аввал нашрияи тољикии «Паёми Алатоо» рўйи чопро дид ва ба таќвияти рўњи вањдат ва њамбастагии тољикони муќими ин кишвар кўмак кард. Танњо њазинањои анљомдодаи Собиров барои ин рўзнома беш аз 25 њазор долларро ташкил медињад. Тайи даврони раёсаташ барои њимояти мактабњои тољикї, чопи китобњо, таъмиру бозсозии марказњои фарњангї-тафрењии манотиќи тољикнишини љануби Ќирѓизистон , ёрї ба бењбуди вазъи иљтимоии ањолии рустоии ин кишвар ва ѓайра њудуди 200 њазор доллар харљ кардааст, ки сармоягузори дигареро бо чунин собиќаи дурахшони хидматгузорї ба мардум пайдо намудан кори осон нест. Дар чор соли пеш замоне, ки дењаи тољикнишини Андараки ноњияи Лайлаки вилояти Боткандро сел зад, Собиров ба маблаѓи чандин њазор доллар ба осебдидагон сарулибос, хўрокворї ва маводи дигари мавриди ниёз фиристод. Бењуда набуд, ки дар њамон сол Бунёди байналмилалии Отатурк барояш унвони «Хайрхоњи аср»-ро раво дид. Ва дар нињоят бо талошњои Собиров буд, ки лавњаи устод Айнї дар шањри Бишкек насб шуд. Бо чунин собиќаи камназири љавонмардї ва махсусан соњиби яке аз бузургтарин бозорњои Ќирѓизистон (бозори " Кербен ( Корвон) будану бо 10 њазор доллар худро бадном кардан, аслан бо мантиќ рост намеояд. Тавре ишора шуд, умед ба ќазовати одилонаи додгоњ аст, вале ба поси хидматњое, ки барои тољикону (на танњо тољикон) њифзи забону фарњанги миллиамон дар Ќирѓизистон кардааст, месазад, ки ба фикри Собиров бошем. Чї гуна? Инро бояд фикр кард….


4

№16 (292), 11-уми июли соли 2012

- Ин суолро бояд ба роњбарияти Вазорати тандурустї дод. Шояд, бењтар намудани сифати расонидани ёрии трансфузиологї дар наќшаи кории онњо набошад. Масалан, љонишини вазир ваќте дар яке аз дармонгоњњои љумњуриявї бистарї буд, барои муолиљаи худ профессореро аз ДТИ ба номи Склифосовкии Маскав даъват намуд, њарчанд њолати душвор набуд ва таклифи мутахассиси хориљиро талаб намекард. Њамчунин, худи вазир ва наздиконаш дар хориљи кишвар худро муолиља мекунанд. Ин аз чї шањодат медињад? Агар роњбарон ба беморхонаи худ боварї надоранд, оё онњо њуќуќи маънавии роњбарї кардани онњоро доранд? Ваќтњои охир дар ВАО дар бораи бесалоњиятии пизишкон, ба ВИЧ сироят шудани кўдакон, риоя нашудани меъёр ва ќоидањо аз љониби пизишкон ва пайомадњои кори онњо хабару маќолањои зиёде рўи чоп омаданд. Андешањои хешро дар ин мавзўъ доктори илмњои тиб, трансфузиолог Бурњониддин Бањоваддинов ба хабаргузории "АП" иброз дошт. Вай гуфт, ин сўњбат як мурољиатнома ба маќомоти давлатї бањри њалли ин масъалаи хеле муњим аст. - Бурњониддин Бањоваддинов, вазири тандурустї дар љаласаи њайати мушовараи Вазорати тандурустї эълом дошт, ки нисфи њолатњои сироятшавї ба ВИЧ дар Тољикистон аз тариќи гузаронидани хуни донорї будааст. Ин гуфтаи вазир то чї андоза сањењ аст? - Дар њаќиќат, дар љаласаи њайати мушовираи Вазорати тандурустї оиди натиљањои нимаи аввали соли 2011 бо иштироки роњбари шўъбаи тандурустии Дастгоњи иљроияи президенти кишвар Лола Бобохољаева вазир иброз дошт, ки нисфи њолатњои сироятшавї ба ВИЧ дар Тољикистон аз тариќи гузаронидани хуни донорї будааст. Ин изњороти беасос, бешак, ба хотири аз вазифа сабукдўш кардани банда садо дода буд. Он замон, ки банда директори Маркази илмии љумњуриявии хунгузаронї (МИЉХ ) адои вазифа мекардам, иттилоотро дар бораи натиљањои санљише пешнињод кардам, ки беш аз чор моњ аз сўи созмонњои нозир чи дар МИЉХ, чї дар муассисањои дармонгоњї - профилактикї дар минтаќањои кишвар гузаронида шуда буд. Дар натиљаи саљиш ягон њолати сироят шудани беморон ба ВИЧ аз гузаронидани хуни донорњои МИЉХ ошкор нашуд. Ба ѓайр аз ин, дањњо њолати сироятшавии беморон ба ВИЧ, аксаран кўдакони то синни дањсола дар беморхонањо ошкор гардиданд. Ва вазир дар ин бора хабар дорад. - Оё дар сатњи њукумат аз сироят ёфтани кўдакон ба ВИЧ огоњї доранд? - Оиди далелњои ошкор гардидани шумораи зиёди сироятшудагон ба ВИЧ, махсусан, кўдакони хурдсол дар муассисањои дармонгоњї ман шахсан ба Лола Бобохољаева мурољиат намуда будам. Ў ваъда дода буд, ки бо љалби прокуратура чорањо дида хоњанд шуд. Аммо, ба андешаи ман, ин сухан дар амал иљро нашуд. - Оё ошкор намудани сарчашмањои сироятшавии муштариён ба ВИЧ, гепатит ва дигар вирусњои гузаранда имконпазир аст? - Дар аксари кишварњо беморон пеш аз бистарї шудан дар муассисањои табобатї бо маќсади ташхис ва муолиља барои ВИЧ, гепатити B ва C ва дигар беморињои сироятї, ки метавонад дар натиљаи гузаронидани амалиётњои тиббї дар њолати риоя нанамудани меъёрњои профилактикї шахси беморро сироят кунанд, анализ месупуранд. Пас аз 3 6 моњи муолиља барои ин беморињо анализи такрорї гузаронида мешавад. Дар њолати натиљагирии мусбї сарчашмањои беморињои гузаранда ва олудашавї ошкор мегарданд. Барои ташхис ва натиљагирии объективона сохторњои назоратбаранда бояд дар тобеияти Вазорати тандурустї набошанд, чуноне ки дар бисёрии кишварњои дунё њаст . - Умуман, њолатњои сироятшавии муштариён тариќи гузаронидани хуни донорї вуљуд доранд?

- Дар тамоми дунё дар натиљаи гузаронидани хуни донорї танњо дар 1 - 5% - и њолатњо сироятшавї ба ВИЧ рух медињад. Дар ЉТ њолатњои алоњидаи сироятшавї ба ВИЧ дар охири солњои навадум дар вилояти Суѓд ва дар соли 2005 дар вилояти Хатлон дар натиљаи гузаронидани санљиши бесифати хуни донорњо ва кашфи донорњои сироятшуда дар даврони "озмоишњои нимшаффоф (серо-негативное окно)" ба ќайд гирифта шудааст. - Оё сифати мањсулоти хуни донорї љавобгўи нишондодњои стандарти аврупої мебошад ва оё Базаи иттилоотии ягонаи донорњои Тољикистон созмон дода шудааст? - Барои он ки мањсулоти хуни донории мо љавобгўи нишондодњои сифати Шўрои Аврупо бошад, дар

Профессор БАЊОВАДДИНОВ:

"Вазорати тандурустї ба мутахассисони худ боварї надорад" кишвари мо нахустин бор дар Осиёи Марказї озмоишгоњи генетикї барои ташхиси сироятшавандањо аз тариќи хуни донорї, њамчунин озмоишгоњи гурўњбандии иммунологї ташкил шуданд. Ба њамаи бемороне, ки гурдањои дигар шинонда шуда буданд, мањз њамин озмоишгоњ донорњоро интихоб менамуд. Барои пешбарии кор дар ин озмоишгоњњо чањор мутахассис аз њисоби маблаѓњои МИЉХ дар маркази барандаи Федератсияи Русия тайёр карда шуданд. Бо супориши вазир мо корњои ба роњ мондани трансплантатсияи узвњоро дар кишвар ба сомон расонидем. Вале мутассифона, имрўз мутахассисони тайёрнамудаи мо бесабаб аз кор ронда, таљњизоти озмоишгоњњо ба муассисаи дигар дода шудаанд ва дар он љо бекор мехобанд. Чунин озмоишгоњњо бояд мањз дар пойгоњи марказњои хунгузаронї фаъолият кунанд. Барои дар оянда бењтар намудани бехатарии санљиши хуни донорї ба сирояткунандањо ман бо ширкати "Эббот" оиди ирсоли ройгони таљњизот барои тањлили худкори иммуноферментии санљиш бо арзиши садњо њазор доллар бо харидории танњо вокунишгарњо (реагентњо) шартнома бастам. Мутаассифона, роњбари имрўза аз ин шартнома даст кашид. Дар ин љода наќшањои мо зиёд буданд, аммо иљро нашуданд ва сифат ба талаботи баланди стандарти аврупої љавобгўй нест. Базаи ягонаи иттилоотии донорњо бояд фарогири тамоми кишвар мешуд ва тибќи наќша ба базаи умумиљањонии донорњо мешуд, аз љумла, донорњои узв. - Гуфтугўњо оиди истифодаи ѓайримаќсадноки маблаѓњои пулї, ирсоли мањсулоти бесифат дар МИЉХ зиёданд. То куљо онњо њаќиќат доранд? - Бале, дар њаќиќат чунин аст. Ман дар ин бора шахсан ба котиби Маркази њамоњангсозии миллї -

Мирзобоќї Бекназаров мурољиат карда будам. Ў аз ман хоњиш кард, то ба њукумат мурољиат нанамоям ва шикоятамро ба номи ў нависам ва ў дар навбати худ ба Руќия Ќурбонова мурољиат намуда, масъаларо њал менамояд. Ба љои ин ў шикояти маро ба иљрокунанда ирсол намуд. Њангоми мурољиати охиринам ба М. Бекназаров гуфтам, ки ба президент мурољиат хоњам намуд. Ў дар љавоб гуфт, ки ин корро накунам, зеро вазир меранљад, бояд бо ў маслињат кунем. Мисолњо зиёданд оиди овардани маводи бесифат, системањои тестї бо нархи зиёдкардашуда. Ба маблаѓи садњо њазор доллар системањои тестии корношоям оварда шуданд, ки нуќсонњояшон сари ваќт ошкор карда шуданд. Масалан, бо маќсади истифодаи оќилонаи маблаѓњо мо пофишорї намудем, ки барои МИЉХ ва МЉ дар Хуљанд нуќтањои донории сайёр - худравњои русии "ЛиАЗ" ва ё "КамАЗ" ба маблаѓи 160-180 њазор доллар харидорї шаванд. Мутаассифона, ба љойи ин аналогњои ќимати "Мерседес" - ро хариданд, ки муддати як сол бекор хобида, нахустин бор рўзи 14 июн - дар Рўзи донор истифода шуданд. Коршиноси Созмони љањонии бењдошт Светлана Чеботар, ки аз љумњуриамон дидан кард, иброз дошт, ки ба њамин миќдор маблаѓи Хазинаи љањонї дар Молдова МЉ тибќи стандартњои байналмилалї ба пуррагї аз нав муљањњаз шуд. - Шумо тарроњи се барномаи миллии инкишофи донорї ва мукаммалсозии хидмати хундињї мебошед. Оё ин барномањо амалї мешаванд? - Мутаассифона, бисёре аз нуктањои барномањо рўйи коѓаз мемонанд. Барои иљрои барномањои миллї дар соњаи хидмати хунгузаронї ва трансфузиологияи клиникї садњо мутахассис заруранд, ки тайёр намудани онњо дар барномањо

пешбинї шуда буд. Онњоро аз куљо ёбем ва ё дар куљо тайёр кунем? Дар МИЉХ бо сабаби аз кор озод намудани мураббиён омўзиши пасаздипломии пизишкон ва њамширањои шафќат дар соњаи трансфузиология ба пуррагї ќатъ шудааст. Дар назди Донишкадаи тайёрии пасаздипломии кормандони соњаи тиб бошад, ду сол боз омўзиш гузаронида намешавад. Корњои илмї-тањќиќотї комилан ќатъ шудаанд. Имрўзњо дар МИЉХ тањќиќи иммуногематологиро фелдшер мегузаронад, на мутахассис. Трансфузиология дар тамоми шохањои клиникии пизишкї дониш ва таљрибаи кофиро талаб мекунад. Барои тайёрии пасаздипломии мутахассис тибќи барномањои кўтоњмуддат на камтар аз 2-3 сол зарур аст. - Бо кадом сабаб шуморо аз кор ронданд? Чаро шумо - ягона доктори илм дар соњаи трансфузиология дар Осиёи Марказї аз кор барканор шудед? - Ин суолро бояд ба роњбарияти Вазорати тандурустї дод. Шояд бењтар намудани сифати расонидани ёрии трансфузиологї дар наќшаи кории онњо набошад. Аз ин рў, хостанд маро бо чї роње набошад, аз вазифаи директори МИЉХ сабукдўш намоянд, њатто, бо тањдиди љазодињии љисмонї. Дар оѓоз вазири тандурустї маро ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмњои тиб таъйин намуд, њарчанд ин маќом интихобшаванда аст. Баъдан, дар иљрои корњои илмї дар мавзўъњои тасдиќкардаи МИЉХ монеањо эљод кард. Корњои илмї - тадќиќотї рўи се рисолаи докторї ва њафт рисолаи номзадї ќатъ шуданд. Ман ба њайси роњбари илмї ва мушовири ин рисолањо кор мекардам. Бар замми ин, аз моњи октябри соли 2011 то кунун маоши рухсатиам, ки тибќи ќонун муќаррар шудааст ва маоши њаќќи хидмати 40 - рўзаам дар МИЉХ бо якљоякунии

вазифањоро пардохт накардаанд. Ман дар ин муддат маводи конфронси байналмилалии илмиро тайёр ва чоп кардам, аммо он конфронсро барпо накарданд. - Ба шумо тањдид карданд? - Ду маротиба пас аз он ки ман пешнињоди вазирро оиди вазифаи ноиби президенти Академияи илмњои тиб рад намудам, ба назди ман дарњол Абдурашод Муротов, собиќ љонишини директори МИЉХ, њоло соњибкор омад ва огоњ кард: - "Муќобили роњбарият набояд рафтор кард, онњо метавонанд чорањои ќатъї бинанд". - Пештар Абдурашот Муротов дар вазифаи љонишини директори МИЉХ кор мекард, бо кадом сабаб аз кор ронда шуд? - Ў дар ваќташ менељери таъминоти МИЉХ буд, аммо бо сабаби нобуд кардани шароити моддї- техникї барои истењсоли мањсули хун (албумин, иммуноглобулини муътадил ва антистафилококї ва дигар мањсулњо) њангоми дар сафари хидматї будани ман аз кор ронда шуд. Ин таљњизот аз љониби мутахассисони маскавї дар соњаи насби таљњизоти тиббї кор фармуда мешуд ва баъзе аз ќисмњояшон диќќати махсусро талаб мекарданд, зеро дар таркибашон сангњои ќиматбањо доштанд. Истењсоли албумин ва дигар мањсулњо то ташкили гурўњи кофии донорњо мавќуф гузошта шуд. Агар чунин намешуд, аз соли 2006 инљониб дар љумњурї истењсоли мањсули самарабахш ва бехавфи хунро ба роњ мемондем. Вале Абдурашот Муротов шахси манфиатдор буд ва баъди ба сари кор омадани директори нави МИЉХ ў машѓули таъминоти Маркази хунгузаронї бо масолењи масрафии пастсифати асосан чинї мебошад. Бар муќобили ирсоли чунин мањсулоти пастсифат, такрор мекунам, мо муддати зиёд бо Хазинаи љањонї мубориза бурдем. - Агар ба шумо пешнињод намоянд, ки ба тибби тољик баргардед, оё розї мешавед. - Айни замон, мутлаќо розї намешавам. Дар даврони љанги шањрвандї ба ман бисёр пешнињодњои кор дар хориљи кишвар карданд, имкониятњо њам бисёр буданд, аммо ман розї нашудам, хостам барои ватанам хидмат кунам. Пеш аз њама роњбарияти Вазорати тандурустї ба мутахассисони худ боварї надорад. Масалан, љонишини вазир ваќте дар яке аз дармонгоњњои љумњуриявї бистарї буд, барои муолиљаи худ профессореро аз ДТИ ба номи Склифосовскии Маскав даъват намуд, њарчанд њолати душвор набуд ва таклифи мутахассиси хориљиро талаб намекард. Њамчунин, худи вазир ва наздиконаш дар хориљи кишвар худро муолиља мекунанд. Ин аз чї шањодат медињад? Агар роњбарон ба беморхонаи худ боварї надоранд, оё онњо њуќуќи маънавии роњбарї кардани онњоро доранд? - Ба андешаи шумо, чї гуна метавон масъалањои тибби тољикро њал намуд? - Ислоњоти љиддї зарур аст. Пеш аз њама бояд тибби суѓуртавиро љорї намуд, ки сифати расонидани хидмати тиббиро ба мардум бењтар мекунад. Нисфи муассисањои такрории тиббиро бояд шахсї намуд, то мувофиќи ќонун хидмати тиббии пулакиро ба мардум расонанд ва барои бењтар намудани сифати хидматрасонї кўшиш намоянд. Боќимондаро аз њисоби буљаи давлат маблаѓгузорї бояд кард, барои расонидани хидмати тиббии бепул ба ќишрњои камбизоат ва дар њолатњои фавќуллода. Дар натиља маблаѓгузории муассисањои тиббии давлатї дучанд зиёд мешавад ва самти авлавиятнок бояд пеш аз њама пешгирии сироятшавии беморон ба ВИЧ ва дигар беморињои гузаранда дар муассисањои тиббї бошад. Сўњбати Акмал Маннонов "Азия Плюс"


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

5

- Ин фикр хато аст, ки љавонон таљриба надоранд. Онњо корњоеро медонанд, ки аќли режиссёр њам намегирад. Ин филмњо тарѓибгари зино њастанд, ки љавонони моро ба СПИД-у дигар маризињо гирифтор мекунад.

Чаро "Платформа" майдони "айб" шуд? Диловар Ашуров: - Зиќ нашавед. Њар як раванд ибтидо, рушд ва таназзул дорад. Ин ќонуни зиндагї аст. Захирањои "Платформа" њам тамом шуд. Ин вазъ Муѓулистонро ба хотир меорад - то Чингизхон ва баъд аз ў, ки то нуќтаи ављи худ расид, ними оламро гирифт ва имрўз дар њошияи тамаддун ќарор дорад. Асозода Комрон: - Тољикони навшуљоъ! Комил Арешов: - Њастанд нафароне, ки ба иззати нафси дигарон мерасанд. Лоаќал заррае эњтиром миёни њама бошад охир!? Агар мо ин љо мисли саг ба љони њамдигар афтем, воќеиятњо умуман дигаранд. Ягон кори некро њам бояд бардорем. Rustam Kamolzod: - Дар кадом гурўњњо ба њам дарнамеафтанд? Дар њамаи гурўњњо гоњ - гоњ задухўрдњо рух медињанд, аммо барои ин набояд тамоми гурўњро партовгоњ унвон кард, бахусус одамонеро, ки дар задухўрдњо нестанд. Куруш Сухроб: - Шояд ин љо њам ба монанди дигар гурўњњо дар бораи секс, мардон ва занон, дар бораи он ки дар мо чї тавр њама хуб аст, имрўз чї хўрдему пагоњ чї мехўрем, мўди занону мардон, ки дар Душанбе роиљ шудааст, таърифи якдигар, дар умум дар бораи њарчї гап занем, фаќат ин ки танќиди њукумат набошад? Бояд ба мардум фањмонд, ки дар мо эътидол аст, яъне кишвари мо боэътидол валангор мешавад. Шокир Файзуллоев: - Чї хеле набошад мо як ватан дорем, нишастагони як киштием, агар ин киштиро љунбонидан гирем, чаппа мешавад. Њамаамон ѓарќ мешавем... Завќибек Солињов: - Чаро баъзењо гурўњњои Фейсбукро моли падарашон гумон карда, мехоњанд дар њама љо сензура бо-

шад?! Ин љо сањифаи ОЗОД аст ва њар ки сухани медониставу хоњишу пешнињоди худро мегўяд, пас чаро ин ОЗОДИро њам баъзењо мањдуд кардан мехоњанд!? Агар ба касе суханону пешнињодоти аъзоёни ин гурўњ маъќул нест, марњамат гузаранд ба гурўњњои дигар, ки дар ФБ кам нестанд! Аз Шумо хоњиш мекунам аз СЕНЗУРА худдорї кунед!!! Али Мастов: - Ман аз замони узвият дар гурўњ як хулоса кардам. Њар касе бо сиёсати њукумат (бахусус иќтисодї) розї нест ва касе ба њукуматдорон мадњияву ќасида намехонад, танќиду тањќир мешавад. Аммо бояд баръакс бошад, касе бењисоб "шестеркагї" мекунад, бояд шарм кунад. Њатто худи Рањмон аз ин хушомадгўињо хаста шуда, дар рўяшон гуфт - намехоњам башараи хушомадгўи шуморо бубинам. Агар гурўњњо ба шумо маъќул нестанд, бароед ва "Шабакаи аввал" - ро тамошо кунед. Rahim Bobokhonov: - Ман мекўшам, ки дар љомиаи ќафомондаи мо арзишњои дунявиро пеш барам, аммо маро бо тањќир пешвоз мегиранд. Ба худ мегўям, ки ба ман чї? Шояд мавќеи шањрвандии ман маро ором намегузорад. Али Мастов: - Шумо дер кардед. Њама "арзишњои дунявї" - и шуморо њукумат барваќт амалї кардааст. Метавонед ором бошед… то рўзи Ќиёмат. Gulbakhor Makhkamova: - Зиддият њамеша тавтиа аст. Як ќатор постњо дар "Платформа" тавтиа њастанд. Аз њама муњим барои онњо барангехтани эњсос ва таваљљўњ ба худ аст. Бархе мушкилоти љомиа ба зудї ба зиддият кашонда мешаванд, то муњокимаи боаќлонаро ба њадди аќал поён кунанд ва шеваи гуфтор дигар ша-

вад. Кї "Платформа" - ро ин тавр мекунад? Афсўс, ки аз даст меравад. Справедливость Восторжествует: - "Платформа" љои сўњбат бо факту далел аст, на барои онњое, ки суханашонро бо "блин, нах.., гандон, тарсу, трол, хасу хошок " сар мекунанд. Ин нишонаи заъф пеши факт аст. Ман мефањмам онњоеро, ки гурўњро тарк мекунанд. Рустам Сафаров: - "Платформа" ваќтњои охир ба майдони афроди худхоњ табдил ёфтааст. Муњим нест, ки аз кадом лагери љомиа њастед, муњим ин аст, ки мавќеи шањрвандиатон љўш занад ва барои ободии ватан коре кунед! Чанд нафар њастанд, ки ба онњо њељ чиз ќобили ќабул нест. Онњо мехоњанд, ки мо ин љањонро бо чашмони онњо бинем, зеро онњо медонанд, ки чї тавр иќтисодро бояд пеш бурд ва аз љанг љилавгирї кард. Ман ба ин кўшишњои онњо шак дорам. Асозода Комрон: - Љасурони азиз, танќиди њукумат љасорат нест. Ман њукуматро њимоят намекунам, аз манофеъи мардум њимоят мекунам! Як сол аст, ки доду фарёд мекунед, аммо чї кор кардед? Нолишњои шумо мисли кўдаки бењимоят дар дил заданд. Њоло ман фаќат тарсуиро мебинам дар шумо. Ман шахсан њељ гоњ аз "Платформа" намеравам, зеро њарфи гуфтанї ба раќибам дорам. Фарид Ориён Балхи: - Як пешнињод. Оинномаи гурўњ ба миён ояд, њар кї ќоидаи бањсро вайрон кард, аз тарафи модератор хориљ карда шавад. Роњи дуввум, тариќи овоздињї. "Платформа" дастоварди Тољикистон аст. Гурўњи ягона ва бебањс. Набояд онро аз даст дод.

«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС Тољикистон ва Эрон. Ману эронї. Кї бояд мардуми хотирљамъ ва хушбахт бошад мо ё эронињо? Ин суол пас аз он маро ором намегузорад, ки як дўстам аз Эрон баргашт ва њайратзадагии худро пинњон дошта натавонист. Ў њам, ки бори аввал ба Эрон сафар дошт, фикр кардааст, ки азбаски љумњурии исломист, ё шабоњат ба Афѓонистон дорад, ё Покистон, ё ягон кишвари араб. Мегуфт, тасаввур мекард, ки як кишвари беназму пур аз партовгоњу бўву таф аст, зеро шунида буд, ки њатто шањрњояш чароѓак надоранд... Ман боре Эронро надидаам. Аз мактаб то ба њол дар борааш танњо дар китобњо хондаам, ё аз «Ютуб» наворњоеро дидаам. Осмони Эронро надидаам, долу дарахташро њам. Обашро нанўшидаам, нонашро нахўрдаам. Мардумашро ба љуз чанд тољиру дипломат ва рўзноманигор дучор наомадаам. Худро барои Эрон ва Эронро барои худ бегона намедонам. Аммо њоло сўњбат аз муњаббати ману мо ба Эрон нест. Сари суолам баргардам - мо ё эронињо...? Барои ќиёс бењуда Эронро нагирифтаам. Аз ахбор хулоса мешавад: кишвари барои мо азиз аз сўи ќудратњои љањонї мавриди тањдиду тањримњои шадид ќарор гирифтааст. Исроилу Амрико тањдид мекунанд, ки пагоњ ба Эрон њуљум мекунанд. Њуљумњои онњоро ба Фаластину Ироќу Афѓонистон медонем. Куштори берањмонаи мардуми осоишта аз дасти низомиёни ин кишварњоро дар интернет зиёд дидаем. Тањримњояшон иќтисоди Эронро фалаљ мекунад. Ба буљаи кишвар зарар меорад. Аз њама бадтараш, ин њама мушкилї ба сари мисли мову шумо мардуми оддии Эрон меояд. Аммо медонед, дўсти ман чї мегўяд? Ў мегўяд, ки дар чењрањои ин мардум аслан таъсири њуљуму тањримњоро надидааст. Он ќадар хотирљамъу хушбахт менамоянд, ки… бовари кас намеояд. Аммо дўсти ман мегўяд, дар Тољикистон чењрањои ин тавр нестанд. Хотири љамъро инъикос намекунанд. Ба назар мерасад, њама шитоб доранд ва як биме аз оянда њам њаст. Ўзбакистон ба мо њељ гоњ њуљум намекунад, инќилоб намешавад, ягон нохушиеро њам интизор нестем. Вазъи иќтисодии аксари мардум њам ба далели суботу оромї ва Русия бад нест. Аммо ба ќавли дўстам, њатто миллиондорону рањбарон парешонхотир менамоянд, чї расад ба мардуми фаќир, ки соли 1990 дањшатњои гуруснагиву ноамнии љанги дохилиро дидаанд. Аммо оё мушоњидаи дўстам то куљо љон дорад? Аљаб аст, ки тањдид сари кисту хотирпарешонї насиби кї? Хонандагони ин сатрњо бигзор хулосањои худро бароварда бошанд, аммо камина бар инам, ки Эрон як кишвари чандњазорсола ва мардуми Эрон як миллати ќадимаву собит њастанд. Тарс аз њамлањову тањримњои Амрикову Исроил надорад. Касе аз раисљумњур розї нест, касе аз низом, аммо ин њама дар тафаккури њамеша рў ба рушди эронї аст. Љояш ояд ба нишони эътироз «сабз» - у сурху сапед мешаванд ва њукуматро аз будани худ њушдор медињанд. Як мансабдори эронї мутмаин аст, ки дасти тоза дорад, фасодкор нест. Як тољир андозу молиёташро супорида, хонанда мактаби хуб дорад, донишљў донишгоњи бењтарин бо устодони бењтарин, духтурхона «фабрика марг» нест, мањалгароиву миллатгарої нест. Мактаббачаи эронї ќотил нест. Рањбарон дар хизмати мардуманд. Барномаи њастаї дорад. Аз роњи оњан, бензин, ноамнии Афѓонистон, муњољирати хориљї вобастагї надорад. Хулоса, як љомиаи бо вуљуди нуќсонњо мўътадил аст. Аз њама муњим, миллати рў ба рушд ва дорои амбитсияњои худ аст. Акнун ин њамаро баръакс гузоред ва Тољикистонро бубинед. Ман њам мутмаинам, ки ин парешонињои мо бењуда нестанд. Он њама, ки Эрон њаст, Тољикистон нест. Шоњ буд, Эрон буд, Оятуллоњ њаст, Эрон њаст. Пагоњ маълум нест, ки мардуми Эрон боз чї њукуматеро сари кор меорад ва сарнавишташро ба дасти худ мегирад. Кофист, ки дар Тољикистон шурўъ аз аморати Бухоро то таърихи навин як њукумат таѓйир хўрад ва ин таѓйирот сари њазорон нафарро хўрад. Тољикистон аз Эрон чї фарќ дорад? Агар фарњангу дину забон муштарак аст, ман аз эронї чї камї дорам? Ягон бор фикр кардем? гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

"Платформа" гурўњи бузургтарини тољикї дар Фейсбук аст, ки њудуди 6 њазор узв дорад. Шадидтарин бањсњо миёни тољикон, бигзор аксар ба забони русї њам бошад, мањз дар ин гурўњ сурат мегиранд. Аммо тавре дар гузашта мо њам гуфта будем, Фейсбукро ба майдони бањсњои тундгароёна, сангандозињо ва беадабї табдил додаанд, ахиран як ширкатдори гурўњ ба номи Комил Арешов дар бораи ин гурўњ чунин навишт: "Платформа" ба партовгоњ табдил ёфтааст. Онро афроди хуб тарк кардаанд. Акнун ин љо тарсуњову радикалу троллњо боќї мондаанд. Ин љо нерўяшонро нишон медињанд. Дар кадом як хориља истода, аз омадан ба ватан метарсанд, аммо њукумату халќро мехоянд… Айб аст". Дар робита ба сўњбати ин нафар мубоњиса аслан рўи ин суол гарм шуд:

i Матлаби ин

МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО

МАВЌЕЪ Марги Хушнуд Бобозодаи 15-сола дар роњ ба беморхона, баъди он ки дар боѓи «Пойтахт» дар маркази шањри Душанбе шоми 6-уми июл аз љониби њамсолонаш сахт латукўб шуд, боиси сарусадоњо дар расонањо гашт. Ин њодиса ба ёдњо ќатли Парвиз Давлатбековро аз љониби ноболиѓон, хонандагони мактаби миёна ба ёдњо овард, ки шаби 31-уми декабри соли гузашта дар либоси «Бобои барфї» мавриди њамла ќарор гирифта буд. Ахиран маќомот дар бораи љинояти авбошї аз љониби хонандагони мактаби миёна дар вилояти Суѓд хабар доданд. Онњо таксистеро иљборан ба самти Ќайроќќум бурда, мошинро ба садама дучор кардаанд. Мошинро барои нобуд кардани изи љиноят оташ заданд. Дар робита ба афзоиши љиноятњои вазнин миёни хонандагони мактабњои миёна «Нигоњ» аз коршиносон пурсид:

Љинояти талабањои мактаб љинояти муќаррарист? Ањлиддин САЛИМОВ, журналист: - ОРЕ! Аммо наметавон ба хатогии љавонон чашм пўшид. Иштибоњи нобахшидании бетарафони чунин ќазия аст, ки љавонони мо имрўз ќотил мешаванд ва даст ба њар гуна корњои ношоиста мезананд. Омили аслии даст ба љиноят задании љавонон ин набудани шароити тањсил дар макотиб, дур мондан аз тарбия бо сабаби дар муњољирати мењнатї ќарор доштани волидайн, дур мондан аз донишгоњ дар шароити имрўз, чун ба њар васила љавонони оилањои доро ба донишгоњњо дохил мешаванд, камбаѓал паси дар мемонад. Инчунин бад будани шароити зист дар кишвар њам њаст. Ин, албатта, бетарафиро нишон медињад! Бетарафии мо аст, ки онњо ба њар гурўњњои иртиљої ба мисли салафия мепайванданд ва ќодир бар њама љиноёт мегарданд. Агар мо њар корро њавола ба масъулин намоем, коре аз дасташон барнамеояд. Нагўем, љилавгирї аз њама гуна падидањои номатлуб кори маќомот аст. Таљриба нишон дод, ки љавононе, ки даст ба љиноят мезананд, аксарашон фарзандони ким кадом мансабдоранд…

Шокирљон ЊАКИМОВ, њуќуќшинос: НА! Мушоњидањои ман аз он гувоњї медињанд, ки гўё ба онњо касе таъкид карда бошад, ки содир кардани љиноят бо дарназардошти синну соли онњо асос барои аз озодї мањрум кардани онњо намешуда бошад. Яъне ба аќидаи ман, гурўњи одамоне њастанд, ки дар љалб намудани кўдакону наврасон ва љавонон ба амалњои хусусияти љиноидошта манфиатдор мебошанд. Бештари муњољирон мардњо буда, ваќтхои охир занњо низ њамчун муњољири корї шуданд. Фарзандон аз назорати на танњо падару модар, балки муассисањои тањсилотї низ дур монданд. Ба љойи дар китобхонањо бо хондани китобњои бадеї машѓул шудан, онњо ваќти асосии худро бо тамошои филмњое сарф мекунанд, ки арзишњои дигарро дар мафкураашон ташаккул медињад. Бояд барномањоеро тањия намуд, ки барои ѓанї гардонидани љањони маънавии наврасону кўдакон ёрї дињад ва онњо низ имконияти истифода ва рафтанро аз марказњои фароѓатї ва варзишї дошта бошанд. Давлат шароити фаро гирифтани њамаи масъалањоро надорад.


6

№16 (292), 11-уми июли соли 2012

- Ба комиссияи ќабул рафтам, аммо њуљљатњоро ќабул накардаанд. Шањодатномаи хатми мактаб нест. Масъулини мактаб мегўянд, ки њанўз онро дар ихтиёр надоранд. Аз Душанбе нафиристодаанд… Моњи июл барои хатмкунандагони макотиб марњалаи њалкунандаи таќдир аст, бахусус, барои оне, ки ба мактаби олї дохил шуданиву аммо «таѓо»- ву «оѓо» ва ё «малах» надорад. Агар бахт хандад, дохил мешавад, агар не, роњ њаст муњољирати мењнатї. Чун солњои пеш, имсол низ Хуљанд як овоза дорад: бисёр курсињои донишљўї аллакай «банд»-анд. Матбуот низ яке аз сабабњои барканории ректори Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон Осим Каримовро дар ин «банд кардани» курсињои донишљўї арзёбї карда буд… Овозаву дарвозањо як тараф, аммо дар ин «майдони долу зарб», ки дар он расмиву ѓайрирасмї, шояд, миллионњо доллар гардиш хўрад, чї мегузарад? МАРЊАЛАИ БЕДОВТАЛАБЇ Диловар ният дорад пас аз хатми мактаби миёна ба Русия равад. Ў бачаи босавод аст ва аз ин хотир, аз рўи мантиќ барои худ хулоса кардааст: - Дохилшавї як тараф, тамом кардану љои кор ёфтан – тарафи дигар. Барои дохилшавї њам маблаѓ лозим асту барои љои кор ёфтан њам. Бе шиносу маблаѓ љои кори хуб ёфтан имкон надорад. Бењтар нест, ки равам, зиндагии худро созам? Аммо Исматуллоњ, як довталаб, мехоњад ба факултаи таърих ва њуќуќи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров (ДДХ) дохил шавад: - Ба комиссияи ќабул рафтам, аммо њуљљатњоро ќабул накарданд. Шањодатномаи хатми мактаб нест. Масъулини мактаб мегўянд, ки њанўз онро дар ихтиёр надоранд. Аз Душанбе нафиристодаанд… Аммо бо «кўшишу зањмат»њои масъулини маорифи вилоят хатмкунандагони мактабњо баъд аз санаи 5-уми июл шањодатномаи хатмро гирифтанд. Имсол мактабњои Суѓдро зиёда аз 28 њазор нафар хатм карданд. Саидмухтор Љалолов, сардори раёсати маорифи вилоят мушкилро ба нашриёт вобаста кард: - Албатта, баъзе сабабњои техникї њаст, ки дар њаќиќат мо имсол 10 - 15 рўз дер кардем. Ба хатмкунандагоне, ки барои хондан ба хориљи кишвар мераванд, рўзи 2 июл шањодатномањояшонро додем. Худи ман ба шањри Душанбе рафтам ва бо чашм дидам. Аз нашриёте, ки «Шарора» мегўянд, 17 њазор шањодатнома гирифтем. Мутахассиси ман њозир телефон карда гуфт, ки њамаашро гирифтам ва то рўзи панљшанбе, яъне то 5 июл ба њамаи мактабњои вилоят мефиристем. Ба чунин роњбариву кордонї

Дониш шакли хеле деромадаи эътиќод аст Освалд ШПЕНГЛЕР

НАЌЛЊОИ МУЗОФОТЇ

Ќурбон - "Ѓї-ѓї" ва Моњрўи Душанбе

Аљаб! Кош! Наход? Дастрасии мардуми фаќир ба маориф кам мешавад офарин: то ин дам ба куљо нигоњ мекарданд? Њамасола шурўъ аз 20 июн комиссияњои ќабули донишгоњњои вилоят ќабули довталабонро ба роњ мемонданд. Имсол бо дер расидани шањодатномањо комиссияњои ќабули донишгоњњои вилоят бе довталаб монда буданд. Аммо њангоми наворбарии телевизионњо комиссияњои ќабул ба хотири аз «боло гап нашунидан» довталабњои сохтаву бофтаро нишон медоданд. Аљаб? КАМЕРАЊОИ ХОМЎШ Дар ДДХ, ки калонтарин донишгоњи вилоят аст, барои пешгирї кардани ќонуншиканињо камерањои назоратї насб мешаванд. Соли гузашта низ насб шуда буданд, аммо на њамаи онњо кор мекарданд. Кор мекарданд дар ду маврид: 1) омадани «калонњо» ва 2) рўзноманигорон. Њатман, кор мекарданд ва онњоро боифтихор намоиш њам медоданд. Аммо баробари рафтани «мењмонон» бархе аз камерањоро хомўш мекарданд. Соли равон њарчанд комиссияи ќабул аз 20 июн ба фаъолият оѓоз карда буд, пас аз 15 рўз камерањоро насб карданд, аммо њоло чизе гуфта намешавад, ки он то куљо шаффофиятро таъмин

мекунад. Аммо масъулин мегўянд, имсол њамаи камерањои назоратї пурра кор хоњанд намуд. Кош! БУЉАРО КЇ БЕКОР КАРД? Чизи дигар, ки аксар довталабонро ба ташвиш овардааст, бардоштани гурўњњои буљавии чор факултаи ДДХ – «Информатика», «Молия ва ќарз», «Телекоммуникатсия» ва «Шарќшиносї» мебошад. Ин тасмимро барои бењ кардани буљаи донишгоњ ба роњ мондаанд. Аммо донишгоњ давлатї аст!? Акмал, як довталаб, ки мехост ба гурўњи буљавї дохил шавад, имрўз ба ташвиш афтодааст. Ў аз ќишри нодори љомеа аст ва њисобу китоб кардааст, ки агар хўрду хўроку иљорапуливу дигар харољотро њам ба назар гирад, наметавонад маблаѓи тањсилро пардозад: - Мехостам ба гурўњи буљавии факултаи информатика дохил шавам. Дар оилаи мо танњо падарам кор мекунад. Муњољири мењнатї аст. Љои кори аниќ надорад ва агар кораш омад кунад, зиндагиамон хуб мешавад. Дар акси њол як рўзе дорем. Акнун маљбурам биравам кор кунам, пас пушти хондан шавам… Њамчунин дар шароити «љанги иттилоотї» бо њамсоякиш-

варњову ќудратњо бахши буљавии шўъбаи рўзноманигории факултаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуровро низ бардошта шудааст. Наход? ПУЛ БАРОИ ДУЗДЇ «Писари доро намехонад, зеро њамаро дорад. Писари фаќир мехонад, то њамаро дошта бошад» - ин суханони устоди пир, ки ба нафаќа рафтааст ва хостам коршиноси ин гузориши «аљабу кошу наход» - њои ман бошад, гапи нав нест, аммо бо вуљуди он ки баёнгари ноадолатї дар Тољикистони соњибистиќлол аст, сол ба сол ба воќеият табдил меёбад. Намехоњам ин љо хулосаи зиёд кунам, балки мехоњам як суол ба масъулони њукумат дињам: дар шањри Хуљанд сари дуздии миллионњо доллару сомонї аз сўи рањбарон ё масъулони донишгоњњо мурофиаи судї буд, яъне пули донишгоњњоро медузданд, аммо чаро ин њамаро назорат намекунанду дастрасии мардуми фаќирро ба маориф ва маълумот кам мекунанд? Барои тањсил маблаѓ супорем, то дуздида шавад?

www.tojnews.org

www.tojnews.org

Афзал БОСОЛИЕВ

Маѓфират дар њусну љамол њамто надошт. Рўйи чун моњ, лабони аќиќ, чашмони шањло ва ќади санавбармонандаш таваљљўњи на танњо мардњо, балки бонувонро мисли оњанрабо ба худ мекашид. Айёми донишљўї солњои 80-и асри гузашта њангоми пахтачинї дар шўъбаи 2-и ноњияи Ёвон бархе аз љавонон майли бо ў шинос шуданро доштанд ва ќисми дигаре аз шиносої бо Моњрўи Душанбе (дар ѓайб ўро њамин тавр ном мебурданд) канораљўї мекарданд. Саид бехабар аз њамаи андешањои атрофиён бо Маѓфират њамсўњбат шуд. Баъди баркашидани халтањои навбатии пур зи пахта, ќисме аз шарикдарсонаш аз ў дар кадом мавзўъ сўњбат доштанашро бо Моњрўи Душанбе пурсиданд. "Прокурорњо"-и худї кам буданд, ки бегоњї муштзўрњои шањрї бо намоиш додани чўбдастњо Саидро ба ињота гирифта, ба ќавле, "допрос" карданд ва огањї доданд, ки аз Махфират дурї биљўяд. Чунин сахтгирињо то ба љое расида буд, ки њатто бонувон аз дугонагї кардан ва њамсўњбат шудан бо Махфират мењаросиданд. Махфират бо дугона ва њамсинфаш Зулайхо, ки духтари сабзинаи хушрафтору хушчаќчаќ буд, дар алоњидагї пахта мечиданд, якљоя ѓизо мехўрданд, якчоя барои баркашии пахтањои љамъовардаашон ба назди тарозу меомаданд. Њангоми баркашидани халтањои пахта тамоми нигоњњо - хоњ зану хоњ мард љониби Махфират равона мешуданд. Ў аз шарм сарашро пушти Зулайхо паноњ мекард ва болои лабони аќиќмонандашро араќ пахш менамуд. Атрофиён ноњинљор худро њис кардани "Моњрўи Душанбе"ро дарк мекарданд. Онњо чашм аз рўяш бармеканданд, вале беихтиёр асири ќаду ќоматти мавзунаш мешуданд… Моњи декабр. Пахта кам монда буд, вале бо сабаби иљро нагаштани наќшаи пахтасупорї донишљўён аз субњ то бегоњ барои чидани 5-10 - килогї пахта даруни љўякњо даву тоз мекарданд. Падару модари Зулайхо бо иљозати масъулони факулта ўро ба шањр бурданд. Махфират танњо монда буд… Ќурбон љавоне буд, ки аз рўи њавою њавас халта гирифта, ба пахтачинї меомад. Ришњои расида дошт, оби дањонаш беист мечакид. Ќисме аз бачањои тањљої ўро мезаданд, то ки ба дења раваду бо ин афту башарааш табъи омўзгорону донишљўёнро тира насозад. Ў саркашї мекард. Бо омадани донишљўён ба пахтачинї мебаромад ва аз ѓизои барои онњо овардашуда, басерї мехўрду "ѓї-ѓї",-гўён боз ба пахтазор медаромад. Баъди рафтани Зулайхо дар пањлуи Махфират Ќурбони "Ѓї-ѓї" пахта мечиду касе ба ў ањамияте намедод. Ў "ѓї-ѓї", - гўён чизе мегуфт, вале њамаи он гуфтањояш барои Моњрўи Душанбе нофањмо буд. - Эњ, Ќурбон, - ба гап даромад Махфират. - Ту гумон мекунї, ки танњо ту бадбахтї, ки забони бурро надорї. Ман њам бетаќдирам. Агар таќдир медоштам, Саид маро духтари вазир мегуфту аз духтари шањрї буданам мењаросид. Ў намедонад, ки падари ман ягон вазир пазир нест, балки гирифтори бемории рўњї аст. (Давом дорад) Давлати ШОЊЭЪТИБОР


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

7

Дар љомеа мардум мебинад, ки вазирони мо аз њисоби маош ќасру кушк месозанд, ё аз њисоби фасод. Њатто мушовирони давлатї хам дигар дар хонањои, ба истилоњ асри бисту як зиндагї мекунанд. Кумитаи амнияти миллии Ќирѓизистон вазири рушди иљтимоии ин кишвар Равшанбек Собировро бо иттињоми гирифтани пора дар њаљми калон ба њабс гирифт. Собиров, раиси Љамъияти тољикони Ќирѓизистон бо номи Рўдакї декабри соли гузашта дар њукумати нави Ќирѓизистон вазири рушди иљтимої таъин шуда буд. Дар Тољикистон ифтихор доштанд, ки њаммилати мо аъзои кобинаи њукумати нави ќирѓизњо шуд. Њоло баъди шунидани ин хабар иддае бар инанд, ки ў ба мањзи тољик буданаш боздошт шудааст. Боздошти ў бар пояи баёноти ёвари ў сурат гирифтааст, ки рўзи 30 июн њангоми гирифтани пора ба маблаѓи 10 њазор доллар аз сўи КАМ и Ќирѓизистон ба даст афтод. Дар љараёни бозпурсї ёвари вазир гуфтааст, ки бо дастури мустаќими рањбараш пора меситонид. Ёвари вазир дар баёноташ гуфтааст, ки дар гузашта мизони пора 5 њазор доллар буд, вале њоло то 10 њазор доллар афзудааст.

БИДУНИ

Т

... бо Фаридун Рањнавард

ФЕЙСБУК, ИНЌИЛОБ ВА МО

РАВШАНБЕК СОБИРОВ, ВАЗИРИ РУШДИ ИЉТИМОИИ ЌИРЃИЗИСТОН

шаванд?, њамеша як љавоб дорад: касе аз шањрвандон дар ин маврид ба мо мурољиат намекунад, ки мо вазири фасодкорро боздошт кунем. Аљаб не, њоло вазирони мо ба њоли

фасод аст. Гулмира Райњонова, корманди яке аз вазоратњои кишвар мегўяд, 20% -и коргарони корхонаи мо аз духтар, писар ва љиянњои вазир иборатанд. Маоши калон ва вазифањои ба-

Маош ва фасод Вазирони ќирѓиз пора мегирифитаанду вазирони тољик не? ланд ва сафарњои хориљї мањз насиби онњо аст. Дар њоле, ки КАМ и Ќирѓизистон 10 њазор долларро фош кардааст, њоло тафтишот даќиќ будани ин њолати коррупсиониро бояд, ки исбот кунад, аммо КДАМ и Тољикистон њамин љуръатро дорад, ки вазир ё раисеро бо љурми пора гирифтан боздошт кунад?

ВАЗИР, МИЛЛАТ ВА ФАСОД Расонањои мо боздошти Равшанбек Собировро њамчун боздошти вазири тољики Ќирѓизистон инъикос мекунанд. Ба маќоми ў кам таваљљўњ мешавад. Аммо оё моњияти масъала чунин аст? Оё порахўрии як вазири тољик дар њукумати ќирѓизњо ба чашм мехўраду худи вазирони ќирѓиз магар пора намегиранд, ё ба истилоњ, ин подставит-и намояндаи як миллати дигар аст? Агар воќеан ин љо тавтиае нест, тољик, ўзбек, рус... будани Равшанбек Собиров ањамият надорад, муњим маќоми ўст. Аммо вазирони Тољикистон ин хабаро чї гуна ќабул карда бошанд? Ё вазирони мо пора намегиранд!? Оё Кумитаи амнияти миллии Тољикистон њам тавони фош кардани амалњои коррупсионии маќомоти болоии моро дорад? Дар Тољикистон то кунун чунин боздошти вазир, муовин ё ёвари ў иттифоќ наафтодааст. Иттилоъ дар мавриди боздошти маќомдорони сатњи аввалро то ба њол нашунидаем. Фаттоњ Саидов, роњбари Агентии назорати молиявї ва мубориза бар фасоди Тољикистон дар посух ба ин суол, ки чаро вазирони порахўр ошкор наме-

F

њамтои ќирѓизи худ биханданд, ки наход бо 10 њазор долларак ба даст афтї, ё роњро намедонист... ВАЗИРИ ИСТИСНОЇ Вазирони мо 3000 сомонї маош мегиранд, аммо хонањои барњаво дар маркази шањр доранд, фарзандони онњоро бо Тайота- 50 њазор доллара ба мактаб мебаранд, писарони донишљўяшон њам моршинњои хориљии тамѓаи шик доранд, аммо Агентии зидди фасод мегўяд, ки онњо даст ба фасод намезананд. Аммо дар љомеа мардум мебинад, ки вазирони мо аз њисоби маош ќасру кушк месозанд, ё аз њисоби фасод. Њатто мушовирони давлатї хам дигар дар хонањои, ба истилоњ асри бисту як зиндагї мекунанд. Њољимуњамад Умаров, иќтисодшиноси маъруфи тољик чанде ќабл иброз дошта буд, ки фасод њукумати кишварро фаро гирифтааст. Шевањои амалњои хусусияти фасодкорї дошта дар љомеаи мо гуногун аст. Њатто вазирон ва раисони Кумитањо, умуман роњбарон нињодњои зертобеи худро бо хоњиши худ идора мекунанд. Њар нафареро хоњанд аз кор пеш мекунанд ва нигоњ медоранд. Ин њам як шеваи

НУР НУРОВ - АВЉИ ФАСОДИ ТОЉИКИСТОН Маъмулан сардорони раёсатњо, устодони донишгоњ, табибон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилї бо љурми порахўрї боздошт мешаванд. Чанд корманди суд ва прокуратура дар пайи тафтиши парвандаи Низомхон Љўраев, раиси собиќи Корхонаи кимиёи Исфара бо гумони содир кардани амалњои коррупсионї ба тафтишот љалб шуданд. Кулминатсияи фош шудани амалњои фасодкорї дар маќомоти давлатї гумонбар шудани Нур Нуров, судяи Суди олии кишвар аст. Њарчанд ќарори боздошти вайро Прокуратураи генералї аз Маљлиси Миллї гирифт, аммо то њол боздошт нашудааст. Ќазияи ў аз ќазияи Равшанбек Собиров чї фарќ дорад? Дар ќазияи Нуров ба љои Равшанбек Собиров кї њаст, њама медонанд, аммо... Коршиносон мегўянд, ки ќирѓизњо миллати бедор њастанд ва сиёсати пешгифтаи онњо њам аз кишварњои њамсоя фарќ дорад. Онњо хеле хуб медонанд, ки фасод пояи њукумат ва нони дањони миллатро мехўрад, барои њамин мубориза мебаранд. Аммо дар Тољикистон њукумат ва КДАМ ба дарки ин нукта кай мерасида бошанд? Пас аз соли 2013, замони хуруљи нерўњои НАТО аз Афѓонистон? ШУМО МОРО ЗИД КАРДАНИЕД Як вазир дар посух ба ин суол, ки чаро КДАМ-и мо тавони фош кардани фасодкории вазиру кабир, мушовирони давлатї, судяњо ва прокурорњоро надорад? Ин мансабдор бо вуљуди он ки аз суоли мо оташин шуд, аммо мавќеи худро рўшан кард. Вай гуфт, ки шумо - хабарнигорон моро бо КАМ ва вазоратњои дигар љанг андохтанї...

Њарамгули ЌОДИР

Ду-се рўз пеш баъди мутолиаи як гузориши Нилуфари њамкорам, хеле мутаассир шудам. Ва њамон рўз фањмидам, ки мо аз зумраи њамон аблањони камчинем, ки њанўз њам аз шунидани хабари марги кўдаки 15-сола, ки аз зарби лати гурўњи авбошон дар маркази пойтахт то шифохона нарасидааст, ба риќќат меоянд. Гузориш бо ин љумлањо сар мешуд: "Шоми 6-уми июли соли равон, муноќишаи миёни ду гурўњ наврасони ноболиѓ дар Боѓи "Пойтахт"-и шањри Душанбе бо марги Хушнуд Бобозодаи 15-сола анљом ёфт… - Хушнуди Бобозода бо ањли оила ва бародаронаш барои истироњат ва сайру гашт ба боѓи "Пойтахт"-и ноњияи Синои шањри Душанбе омада буд. Њангоми сайругашт дар боѓ, ноболиѓ Сиёвуши Нурмањмад ба ў пешнињод мекунад, ки бозичањои барќии равшанидињанда бихарад, вале аз рад шудани пешнињодаш Сиёвуш ба ѓазаб омада, бо гурўњи рафиќонаш, ки алакай дар ин боѓ ба бетартибињо машѓул буданд, ба ў дар афтода, Хушнудро сахт маљрўњ мекунанд. Бинобар гуфтаи маќомот, ба Хушнуд, њатто бародаронаш, ки мекўшиданд ўро њимоят кунанд, кўмак карда натавонистанд. Зарбањои ногањонии наврасону ноболиѓони авбош ба сару рўяш борида, ўро аз пой афтонданд. Хушнуд Бобозода бар асари љароњати гирифтааш, дар роњ ба беморхона, ба њалокат мерасад… - Кормандони маќомоти корњои дохилї, гумонбарон - Сиёвуши Нурмањмад, хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи №27, Раљабалї Олимови 14 -сола, хонандаи мактаби №86, Исфандиёр Худойдодов ва Мењрољиддин Олимов, хонандаи литсейи касбии хизмат ва туризмро боздошт карданд! Њамчунин Фахриддин Сафаров, бо лаќаби Фаха, гумонбари асосї дар хонаи хешу табораш боздошт шудааст, ки аллакай сарашро тарошида, чењраашро таѓйир дода буд. Ин хабар ба ёди ман ќатли "Бобои барфї"-ро шаби Соли нав овард. Парвиз Давлатбекови 21-сола шаби 31-уми декабри соли гузашта аз љониби гурўњи љавонон- хонандагони мактаби миёна дар пойтахт латукўб шуда, аз захмњои корд дар беморхона њалок шуд. Љинояткорон боздошт ва љазо дода шуданд! Ба тањрири гузориши Нилуфар ваќт наёфта, Љамшед аз Суѓд хабари дигареро фиристод, ки дар бораи љинояти љавонони 16, 17 ва 19-сола наќл мекард. Онњо дар њолати мастї ронандаи таксиро маљбур кардаанд, ки онњоро ба Ќайроќќум барад. Баъд аз он ки сабукрав ба садама дучор шуда, ронанда захмї шудааст, ин љавонон барои нобуд кардани далели љиноят, мошинро оташ мезананд. Гумонбарони ин љиноят низ боздошт шудаанд! Ин хабарро ба сањфањои фаъолтарини шабакаи иљтимоии Фейсбук кўчондем. То назари љомеаи фаъоли кишварро дар мариди ин тамоюли манфї ва роњњои пешигирї аз он фањмем. Рўзи дароз ин шумхабар, ин далели тамоюли манфї натавонист, диќќати бештар аз се чор нафарро љалб созад. Ѓайр аз њамкасбам, Завќибек Солењов, ки хабарњои криминалї менависаду Шокирљон Њакимови ба њама шинос, ки бисёрињо ба нашрияњо эрод њам мегиранд, ки ѓайр аз ў коршиноси дигаре намеёбанд, боз ду - се нафари дигар андешаи худро навиштанду халос. Рўзи дароз касе љумлае нанавишт, ки иќтибос овардан мумкин бошад. Касе аз вазири корњои дохилї напурсид, ки оё ба ин амалиёти фаврии маќомоти интизомии мо дар боздошти гурўњи Фаха бояд "офарин" хонд ё хайр? Оё њанўз њам милиса, ки моњиятан ва таърихан барои пешгирї аз љиноят пешбинї шудааст, рисолаташро таѓйир надодааст? Касе ба мири шањр мурољиат накард, ки милисаву сарбозон, ки дар кўчаву хиёбонњои шањр гурўњ - гурўњ "сайр" мекунанд, оё барои таъмини амнияти мардум сафарбар шудаанд, ё барои тарсонидани онњо? Касе њам напурсид, ки оё дар хиёбонњои пойтахт, баъди соатњои корї сайру гашт кардан бехатар аст, ё не? Аз вазири маориф њам касе суол накард, ки чаро, агар барномаи таълими мактабњои миёна ба омода кардани ретсидивистон равона карда шуда бошад, љомеа аз ин огоњ нест?... Фейсбуке, ки њукуматњо худкомаву абарќудратњои љањониро ба ларза даровардааст, њамоне, ки сабаби асосии инќилобњои арабї мањсуб мешаваду Бег Сабурович њар сари чанд лаљомашро кашиданї мешавад, дар мо ба љавлонгоњи нозукбаданон табдил ёфтааст. Ин љо зани тољик аксњои нав ба нав мегузораду, љавонмардон ба чашму абрў, сурину пистонњои он гулбаданњо бањо медињанд. Кї бањимматтар -майдон аз далер аст!


8

№16 (292), 11-уми июли соли 2012

Моњи дувум гоњо шабона ба љойи хоби Замира омада, бо ў амалњои ѓайризанонаро анљом медод. Рўзе аз норозигии Замира ќањраш омада гуфт, ки ё маъшуќаи ман мешавї, ё ба муњофизонам мегўям, туро, ягон љои дар љангал зинда таги хок мекунанд…

Муљассамаи орзуи мо Андешањо дар назди муљассамаи «Модари дардкашидаи миллат»

Агар зан муњољир бошад... Симои муњољирати мењнатї занона мешавад Ду соли охир аз Тољикистон њам занону духтарони зиёде рў ба муњољират овардаанд. Муњољирати зан бе фарзанд як бадбахтист. Чун дур будани модар аз фарзанд ин тамоман нодуруст аст, њам аз нигоњи равонї ва њам маънавї. Ин матлаб аз њаводисе мураттаб шудааст, ки муаллиф бевосита онњоро тањќиќ кардааст. ХУДКУШИИ ДУХТАРИ 17 - СОЛА Модари тољик аз Хуљанд бо ду духтару писаронаш ба Санкт-Петербург барои мардикорї мераванд. Дар мањаллаи Гатчинаи шањри Питер хонаеро иљора мегиранд. Азбаски духтари калониаш Мутриба забони русиро аз кўдакиаш хуб медонисту хуб њарф мезад, дар заводи пеши хонаашон ўро ба њайси барномасози компютерї ба кор гирифтанд. Маошаш хеле хуб буд. Дар як моњ 18000 рубли русї мегирифт. Модар дар њамон завод дар басти шабона ба њайси фаррош ба кор даромад. Писараш њам ба кор даромад. Пули калон љамъ карданд. Ният доштанд, ки њамин хонаро дар Питер харидорї карда, њамин љо муќимї мешаванд. Аммо шабе зиндагии онњоро таѓйир дод... Он шаб модар дар басти шабона буд. Мутриба баъди кор ба хона омада, хамир карду санбўсаи гўштї пухт. Санбўсањои гармро ба табаќе монда, печониду ба хоњараш гуфт, ки модарам субњ хаста меояд, ин самбўсањо барои ўст. Сипас, куртаи навашро пўшида, муйњояшро шона зад. Ба хоњараш гуфт, ки банде ёбад. Хоњараш њайрон пурсид, ки бандро чї кор мекунї? Ў дўѓ зада гуфт, ки корат набошад. Соат дую ними шаб буд. Хоњараш Муниба аз пушти ў поида-поида омадан гирифт. Мутриба ба даруни љангал рањсипор шуд. Муниба аз паси ў. Ресмони канабиро гирифту ба дарахт баромад. Муниба дод зада, суол дод, ки апаљон, чї кор мекунї? - Ман дигар зистан намехоњам. Муниба додгуён ба тарафи завод шитофт. Аммо аз торикї тарсида, пас гашт. Мутриба аллакай дар ин ваќт ресмонро ба шохи дарахт баста, онро ба гарданаш андохт. Муниба зорї карда, аз пойњои апааш дошту кашид бехабар. Мутриба бе овоз як њиќ гуфту љон дод. Муниба додгуён ба тарафи завод шитофт. Аз ќаровули завод илтимос кард, ки

ба телефони модараш занг занад. Њангоме, ки ба модараш Муќаддас хабари худкушии духтарашро расониданд, ў гирёну пойлуч дар њавои зимистон ба сўи љангал давид. Аммо хеле дер шуда буд. Аз барфи зиёд ях баста буд. Модар ба кормандони завод рафта, гуфт, ки барои гирифтани љасади духтараш кўмак намоянд. Ба мошини таъљилї занг зад, аз он љо посух доданд, ки дар ин гуна њодисањо фаќат кормандони полисро фарёд кардан лозим аст. Ќаровули завод њам гуфт, ки то омадани полис ў њаќ надорад, ки љасадро аз љояш љунбонад. Модар бо духтари хурдиаш аз соати 3-и шаб то 10-и сањар дар таги дарахт ларзидаву хунук хўрда, назди љасади овезони духтари 17 солааш меистод. Соати 10-и субњ мошини кормандони полис омада, сурати љасадро гирифтанд ва љойи њодисаро ќайд карданд. Ваќте ки мошини боркаши морги Гатчина омад, доду ѓиреви модари зор ба фалак печид… Љасади духтаракро ба морг бурданд. Модар то бегоњї гирд-гирди морг медавиду мегирист.Намедонист, ки ба кї мурољиат кунад. Як шиносе гуфт, ки ба бародар Неъмати Бобољон занг зада, кўмак пурсад. Неъмат зуд расида, кафан харида овард. Аз муаллифи ин сатрњо ва њамсараш хоњиш кард, ки ба хотири зан буданаш мо љасадро мувофиќи таомули мусалмонї шўем. Сабаби худкушии Мутриба то њанўз кушода нашуда, овозаву тахминњо зиёданд. Модар чизе намедонад. Хоњараш наќл кард, ки љавони тољики душанбегиеро њамин љо дида, апааш шинос мешавад. Байни онњо ишќу ошиќї пайдо мешавад. Аммо љавон таъљилан чипта харида, ба ватан меравад. Ба Мутриба хабар мерасад, ки љавон гўё дар ватан зан мегирифтааст. Аммо дугонаи наздиктарини Мутриба - Надя ин тахминро рад карда гуфт, ки сабаби худкушии Мутриба таъзиќи пайдарпайи модари Мутриба аст. Аз марги Мутриба ду рўз нагузашта, љавони ношиносе ба телефони мобилии Неъмати Бобољон занг зада, мегўяд, ки "сабаби марги духтарак ин зирењи тиллоие мебошад, ки кадом хушдораш ба Мутриба њадя кардаасту модар барои ин ўро љанг карда, зирењро гирифтааст"… "ХАЛТУРА" БАРОИ ЗАН … Кори иловагиро дар Русия "халтура" мегўянд. Аммо нафароне њастанд, ки аз зудбоварии занону духтарони муњољир истифода бурда, онњоро бо найранг ба кори "халту-

ра" фарёд мекунанду ё пулашонро намедињанд ва ё барои дигар корњои ифлосашон истифода мебаранд. Ду зани муњољир эълонеро дар кўча дида, онро канда мегиранду ба њамон раќам занг мезананд. Гўширо љавони тољике мебардорад. Оромона бо онњо сўњбат карда мегўяд, ки дар фалон бинои истиќоматї кори шабонаи тирезашўйї њаст, марњамат, агар хоњанд, шабаш 1000 рубли русї аст. Онњо чизе нагуфта, хурсандона розї шуданд. Соати ваъдагї 10 зану духтари ўзбаку тољик ба њамон нишонї омаданд. Марди озарие онњоро ба даруни бино бурд. Дари њуљраро мањкам карда, телефони мобилиашонро љамъ карда гирифт. Баъди ним соат марди озарї бо марди тоссари гурљинамое омада, аз 12 нафар - 7 нафарро интихоб карда, бурданд. Занњои боќимондаи синну солашон рафта, то субњ тиреза шустанд. Субњи солењон он 10 љавонзанро оварданд. Аз чењраи яке, ки лабонаш кафидаву хуншор буд, пай бурдан душвор набуд, ки чї њодисаи мудњише бо эшон рух додааст. Ба занњои тирезашў 600 - рублї доданду халос. Њангоми бозгашт ба онњо гуфтанд, ки агар љое шикоят бубаранд, меёбанду мекушандашон. Боз илова карданд, ки Питер шањри криминалї асту касе сабаби мурдани онњоро суроѓ намекунад. ЊАМЉИНСБОЗИИ ЗАНЊОИ САРВАТМАНД Аз руйи эълон Замира кофта кофта ба яке аз дењањои дурдасти Питер рафт. Соњиби бинои боњашаммат Лидия, ки 54 - сола буд, ўро хуш пазируфта мегўяд, ки аз ин пас хидматгори хонааш мешавад. Маошаш дар як моњ 40 000 рубли русї аст. Замира аз хурсандї љойи нишаст намеёфт. Охир, дар ватан модару падари маъюб ва чор фарзанди кўчак дорад. Шавњараш ба мардикорї рафта, зани рус гирифт. Дигар зану кўдаконашро суроѓ накард. Замира аз ноилољї рў ба Русия овард. Моњи аввал Лидия муносибати хуб кард. Аммо моњи дувум гоњо шабона ба љойи хоби Замира омада, бо ў амалњои ѓайризанонаро анљом медод. Рўзе аз норозигии Замира ќањраш омада гуфт, ки ё маъшуќаи ман мешавї , ё ба муњофизонам мегўям, туро дар ягон љои љангал зинда таги хок мекунанд… Замира бо ин хонуми зишт њамљинсбозї мекард. Вале рўзе бо бањонаи харид ба бозор рафту чипта харида, ба ватан баргашт… Шањлои НАЉМИДДИН

Бо коре ба Душанбе рафтам. Баъди ба охир расонидани корњо ќад-ќади хиёбони марказии ба номи устод Рўдакї дар бегоњирўзии моњи май, ки табиати пойтахт басо зебо ва боду њавояш дар ин моњ бисёр гуворост, оњиста-оњиста ќадам зада, андешакунон ба сўйи кўчаи марказї роњ пеш мегирам... Аз назди Кохи Љомї убур намуда, аз назди њайкали Шоњ Исмоили Сомонї, ки бо шукўњу шањомати хоси шоњон, бо боварї ба оянда назар медўзад, мегузарам. Ва дар дил андешаеро пеш меорам: оё шоњи бузургвори Хуросонзамин дар бораи он ки фарзандони имрўзаи сарзамини аљамї, њамагї аз ворисони ноўњдабарои ў, ки бар асари сиёсати нодурусти кадрї дар артиш ва низоъњои мазњабие, ки халифањои араб андохтанд, дар тангнои кўњии кўчаке љой гирифтаанд, андеша мекунад? Шояд, ў аз њамаи ворисонаш шиква дорад? Оњиста - оњиста ба гулбоѓе наздик мешавам. Дар ин бегоњирўз, ки офтоб охирин нурњои љонбахши худро њаволаи гирду атроф намуда, дар уфуќ нопадид мегашт, дар ин боѓи фарох ва растањои дутарафаи гулњои сурху шабрангии лолаву наъно, ки то ба доманаи муљасаммаи миллии мардуми тољик «Модари дардкашидаи миллат», ки чанде пеш дар ин мавзеъи зебо ба хотираи шуњадои гулгункафани миллати тољик дар њама давру замонњо аз њодисањои њуљуми Искандару арабњои бадавї, Насри Ќарохониву ѓулом Мањмуди Сабуктегин, Чингизхон алайњилаънаву Темурланги Модарбахатову Шайбониёну аштархониёву Манѓитињо, љанги шўравию афѓон, Русия ва Ўзбакистон дар солњои 1992-1997 дар Тољикистон гузошта шудааст, ќадаммониам беихтёр суст мегардад. Дар ин бегоњирузї касе ѓайри ману ин муљасаммаи навсохт дар ин мавзеъ нест. Њайкалтароши моњир бо як санъати баланд, нафосати рассомона ва эњсосоти нозуки шоирона, муљассамаи «Модари дардкашидаи миллат»-ро офаридааст. Муљассамаи модари тољик бо санги зебои пардоздодаи хоро бо омезиши сангњои гранит, кварс, яшм ва обисанги сафед дар маљмуъ бо як рўњияи баланде офарида шудааст. Пешорўи ман симои Зани бузург, Модари мењрубони тољик бо њама дардошноињову ранљкашињо, бо њама рањнамоињову хирадмандињо падидор мегардад. Симои зани зебо ва миёнсолеро ба хотир меоварад. Дар чашмони Модар, дар абрувони болокашидаи ин олињаи њусну малоњат ва мењру садоќат, њам матонати мардона нуњуфтааст. Дар ў нишонаи изтироб аз дарки њодисаи дањшатноке нињон аст ва ожангњои љабинаш, чашмони мањзунаш аз ѓаму андўњи бепоёни ў башорат медињанд. Аз чї бошад, ба назарам чунин намуд, ки ин чашмони ѓамнок ва дардкашида ба пеш бо умеди ояндаи неки фарзандону миллат, дар муќобили душманону аљнабиён љасурона, нотарсона ва ќадре хавотиромез нигоњ мекунад. Модар сарандози сиёњро, ки нишонаи мотам аст, ќадре боло кашида, даст

ба сўйи гањвораи тифлаш мебарад. Бо сад эъљоз, бо дуо, пирона. Оре, дар ин композитсия Модар ва њолати равонии ў, сарандози сиёњи мотамї, ки аз ќатлу куштори шавњару фарзандонаш башорат медињанд ва дар њолати изтироб ва ѓам боз бо азми ќатъї ва дилпурона боумед ба оянда даст ба сўйи гањвора бурдани Модар њазорон маънї нуњуфтааст. Оре, дар њама замонњо душманони миллати тољик - чи турку арабу муѓулу чи дигар аљнабиёни нохонда зарбаи аввалинро ба Модари тољик задаанд. Ў њазорсолањо дард кашидааст ва дар ин росто бурдборона тавонистааст, ки кулбаю оташдони ориёиро гарм нигоњ дошта, гањвораро барои тифлонаш њифз кунад. Ба хаёлам, навиштаи рўзноманигори тољике меояд: «Декабри соли 1992 соњили Ому, тарафи муќобил мардуми одии зањматкаши гурезаи иљбории назди симхорро бо тангу тўп ќир мекард. Иттифоќан аз дур чашмамон ба њаракати љисме афтид. Гумон кардем, касест зинда, ба он сў гавак кашида рафтем, назди симхор модари тољик, ки аз тири душманони миллат ба шањодат расида, пуштнокї афтида, аз сари синнаш хун мешорид. Назди ў тифлаки якунимсолае хунро гумони шир карда, аз синаи тирхўрдаи модар мемакид!». Ин дам воќеаи дигаре, ки замони муфаттишиям дар минтаќаи дигари даргири љанг бо чашми сар дида будам, ба ёд омад. Њамчун муфаттиш баъди анљоми азназаргузаронии љойи њодиса, аз хонае, ки он љо силоњбадастони бедониш ва бепадар ба номуси зан-модари тољик тачовуз намуда, баъдан, ўро ќатл намуда, дар ќолин печонида, оташ зада буданд, берун шудам. Шомгањ духтарчаи 3-солаи ин модари номурод назди ќабри модар, ки дар назди њавлї гўронида шуда буд, сар ба рўйи гўр нињода мегирист ва даст бар фалак мебардошт ва дуо мекард, барои арвоњи модар! Ёд дорам, аз ин манзараи муфољо, аз ин сањнањои фољиаи миллати ман, ки башорат аз ќисмати талхаш медод, дар худ мепечидам. Ашкам ба сони борони найсон љорї буд… Аз ќайди андешањо берун љаста, ба поёни домони модар, ки лавњаи калони зебое барчида шудааст, дида медўзам. Навишта шудааст: «Муљассамаи модари дардкашидаи миллат ба хотираи 150.000 нафар ќурбониёни миллат дар генотсиди солњои 1992-97 ва њама давру замонњо». Ба замин такя мезанам ва ашки њасрат аз дидагонам љорї мешавад. Баъди лањзае домони модарро бўсида, бо нишони арзи эњтиром сар ба саљда меравам ва оњиста-оњиста, ќафонокї аз назди муљассама дур мешавам. Роњ пеш мегирам ба сўйи манзили маќсуд. Бошитоб, бо дуои Модар! Ба тарзи дигар аз ин муќаддастарин макони миллату кишвар берун баромадан ѓайриимкон аст ва љоиз нест, бародарону хоњарони гиромї! Варќаи ЗАЙНИДДИН, узви Иттињоди журналистони Точикистон


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

9

Њоло кам касон медонанд, ки БЉ чанд ваќт боз талаби то 1000 нафар кам кардани теъдоди сохтмончиёни ИБО-и «Роѓон»-ро дорад, ки маънии оѓози эътирозњои коргарї ва коњиши бечунучарои обрўи бе ин њам ками њукуматро дар пай дорад. Маъмулан тобистон дар Тољикистони мо, мисли тамоми пањнои ИДМ фасли аз нигоњи сиёсї хеле камранг аст, зеро нухбагони тиљориву сиёсии ин кишварњо тибќи одат дар таътиланд. Ба самаранокии пасттарини мењнат дар дунё ва њамчунин пасттарин нишондињандањои Маљмўи мањсулоти дохилї (ММД) сари ањолї нигоњ накарда, албатта. Вале њафтаи сипаришуда ва аввали њафтаи равон сиёсињои хабарсоз бо чанд хабару мавзеъгирињои ѓайриинтизор муњити иттилотии Тољикистону минтаќаву Русияро тарконданд. Таркиш, на аз ѓайриинтизории мавзўъ ё бањонањои иттилоотї буд, балки аз он ки ин 6-7 хабари русиву амрикоиву тољикї як занљира ё силсила буданд ва тавре тањлилњо нишон медињанд, ки онњо натиљаи мустаќими амаликунонии стротежии амрикоии Роњи абрешими нав буда, барои таќдири пойгоњи низомии Русия, ИБО-и Роѓун, њукуматдории Эмомалї Рањмон ва муњимтар аз њама Давлатдории Миллии Тољикон њалкунанда ба назар мерасанд. Нигоњ, ки дар муњити иттилотии кишвар њамчун посбони давлатдории миллии тољикон мавзеъгирї мекунад, ба сурати табиї, ин њодисот ва паёмадњои онро ба риштаи тањлил накашида наметавонист. МЕССИЉИ ЧИРКИН ВА ЉАВОБИ АССИМЕТРЇ Рўзи сешанбе фармондењи Ќуввањои хушкигарди Русия Владимир Чиркин зимни суханронї дар Кумитаи Шўрои Федерасияи Русия оид ба мудофеа ва амният аз мўњлати 10 солаи будубоши низомиёни рус дар кишвари мо сўњбат кард. Чиркин аз муносиботи њукумати Тољикистон ба ин масъала изњори норизої намуда, сўи Душанбе ва ояндаи наздики он ангушти ишора њам кард. Ин генерал-полковники рус гуфт: «...тезутундшавии ихтилофоти байнидавлатї дар масоили энергетикї ва об дар кишварњои Осиёи Марказї имкон дорад низоъњои мусаллањона бо иштироки Ўзбакистон, Тољикистон ва Ќирѓизистон ба вуќўъ пайвандад. Онњое, ки эњсосотро канор гузошта тввонистанд, дар ин суханронї як мессиљ ё паёмеро диданд: Кремлин нокомиии плани 49-cола-ро эътироф кардааст ва дар љустуљўи имкони маъќул кунонидани мўњлати 10 - сола дар доирањои сиёсиву њарбияш буда, њамзамон фишор болои њукумати Эмомалї Рањмонро раво мебинад. Суханронии баъдии Николай Макаров, сардори Сарситоди нерўњои мусаллањи Русия, ки шартњои тамдиди дањсолаи Пойгоњи 201- ро ѓайри ќобили ќабулу масъалаи будубоши минбаъдаи низомиёни русро восточный базар номид, боз њам асабонї ва гумрањ задани воломаќомони Русияро ба намоиш гузошта, месиљи суханронии Чиркинро ѓайримустаќим исбот намуд. Дар љавоб ба ин њама, Тољикистон аз забони вазири мудофиа Шералї Хайруллоев гуфт: матни лоињаи ќарордод њанўз хонда нашудааст. Инро њам ба вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков нафаре гуфт, ки худ тарњро аз ў оварда буд. Ин љавоби ассиметрї-и Тољикистон буд, ки Сердюков ва Кремлинро дар њолати ногувор монд. Ин мавзеъгирї дар чанд рўзи баъд боиси ба шиддат интиќод шудани Тољикистон дар муњити расонаии русзабон гашт. МЕССИЉИ КОНГРЕСМЕНИ АМРИКОЇ Рўзи љумъа раванди њодисот рангу бўи нав гирифт. Ден Бартон,

ди 20 - 30 њазор контейнер солона њаљм дошта метавонад, зиёд гардонида, ба Тољикистон маблаѓ ва ба Мазори Шарифу волии моил ба Тољикистони он нуфузи иловагї меорад. Њамчунин ин роњ моро ба захираи нафтии 1,8 миллиардбаррелаи Балх, ки дирўз ширкати Exxon Mobile шартномаи коркардашро баст, роњ мекушояд; ё) ИМА дигар тавассути Бонки Љањонї ва дигар институтњои байналхалќї садди роњи сохтани ИБОи «Роѓон намешавад. Њоло кам касон дар Тољикистон медонанд, ки БЉ чанд ваќт боз талаби то 1000 корманд кам кардан ва мутавваќиф кардани корњои сохтмониро дорад, ки бидуни шубња сар шудани эътирозу шўришњои коргарї ва коњиши бечунучарои обрўи бе ин њам ками њукуматро дар пай дорад; ж) Тарњи пайвасти роњи Кулма Ишкошим Файзобод - Кобул эњё шуда, дар Бадахшон бозори транзити cолонаи 35 - 40 њазор адад контейнер молњои чинии ба Афѓонистон равон ба вуљуд меояд. Ин тарњ

Тобистон, президент ва давлатдории тољикон узви Кумитаи равобити хориљии Конгресси ИМА дар як нишасти расонаї дар Душанбе гуфт, ки имкони ба Душанбе кўчонидани пойгоњи амрикоиён аз Манаси Ќирѓизистон ва ифтитоњи як Маркази идораи фаврии зиддитеррористї барои пешгирї кардани фаъолшавии Ал-Ќойида ва Толибон дар минтаќа, на танњо вуљуд дорад, балки маслињат шудааст. Мавзеи љойгиркунии Маркази зиддитеррористї њам маълум: ватани кўчаки Устод Турсунзода - Ќаратоѓ. Ба назар мерасад, ки изњороти Бартон њам бењуда набуд: ишораи аввали ў ба Ќирѓизистон равона шуда буд. Ба ин васила, ИМА ба ќирѓизњо расониданд, ки хоњони боз чанд муддати дигар истифода бурдан аз пойгоњи Манасро доранду дар сурати ѓайр алтернатива њам пайдо мекунанд. Пас њукумати Алмосбек Отамбоевро нашояд, ки саросемагї карда, аз маблаѓи иљораву транзити борњо дар ду љониб ва муњимтар аз ин ду, дастрасї ба техникаву лавозимоти љангии ройгон даст кашад. Ишораи дувумаш ин буд, ки маслињат бо Тољикистон то њадде пухтааст, ки дар борааш озод сўњбат кардан имконпазир аст. Ин њам дар њоле, ки корвонњои санљишии ISAF аллакай аз масири Панљи Поён - Вањдат - Манас истифода карданд ва сифати роњро хуб дарёфтанд. Вале љомеаи Тољикистон ин њамаро чї гуна ќабул кардан дорад? МАРКАЗИ АМРИКОЇ ДАР ЌАРАТОЃ: БОШАД Ё НАБОШАД? Дар њоле, ки доирањои сиёсї бо шумули нухбагони њукмрон дар Тољикистон њанўз њам тафаккури истеъморзадаи худро мунтазам ба намоиш гузошта, пайваста ќурбони прагматизми путинї ва каримовї (гузаштњои тирмизї, таслими Сочи2004, барчидани ќитъаи роњи оњани Ѓалаба-Амузанг ва ѓ.њ.) мегарданд, љомеъаи Тољикистон низ дар баробари масъалаи будубоши низомиёни Русия ва њамкорињои њарбиву низомии Тољикистон бо ИМА ва Ѓарб якдилї нишон намедињад. Баъзе аз расона ва доирањои русгаро, бо далелњо ва ё бидуни он, њатто муќови-

мат њам мекунанд, вале асли гап чист? То куљо эљоди як Маркази зиддитеррорї ё идораи фаврии ИМА дар Тољикистон ба фоидаи давлату љомеъаи мост? Њукумати кунунї ва худи Эмомалї Рањмон чї бояд кунад: бо ИМА-ву Ѓарб њамкории стротежї намояд, ё баръакс канорљўї? Нигоњ бар он аст, ки барои љавоб ёфтан ба ин суолњо бояд зарару фоидаи ин гуна њамкорињоро бо назардошти вазъи кунунии минтаќа, сенарияњои эњтимолии инкишофи њодисањо дар доираи як стротежии миёнамўњлати 5 - 7 - солаи миллї бояд баркашид. Ба назар мерасад, ки дар вазъи кунунї, пањлўњои мусбати ин њамкорї инњоянд: а) бо мутавваќиф шудани узвияти Ўзбакистон дар СПАД (дар асл ин амал мессиљи навбатї ба ИМА мебошад, ки Тошканд омодаи муттањиди аслии Вошингтон дар Осиёи Марказї шуданро дорад) тањдидњои эњтимолии њарбї болои Тољикистон афзудаанду (фарзи мисол, њамлаи њавої ба љойи сарбанд ё сарбанди 40-50 -метраи ИБО-и Роѓон, ки идомаи сохтмонро дар он мавзеъ барои абад ѓайри ќобили ќабул мегардонад) пайдошавии чунин марказ ба њам омадани манфиатњои Тошканд ва Маскавро хунсо мекунад; б) Манфиати Тољикистон дар «Шабакаи шимолї», ки хизматгузорињои лољистикияш то соли 2015 аз 30 то 40 миллион тонна бору колоро ташкил медињад, барќарор мешавад. Бо барњам задани ќитъаи роњи оњани Ѓалаба-Амузанг Ўзбакистон моро аз ин бозор дур кардан дораду њамзамон ба шарикони ѓарбї мессиљ дод, ки намехоњад дар ин кор сањми Тољикистон чашмрас бошад; в) Имконоти маневрњои сиёсї зимни гуфтушунид оиди будубоши минбаъдаи низомиёни рус дар Тољикистон зиёд мегардад. Ба гумони ѓолиб президент Эмомалї Рањмон омода аст, ки бар ивази маблаѓи иљора ва шарти мудофиаи якљояи Тољикистон дар њоли эълони љанг ва њатто вазъи фавќуллода барои 10 сол ќарордод имзо кунад; г) Хатари нобуд кардани пешвоёни тољикон дар Афѓонистон, нази-

ри Ато Муњаммади Нур ва Исмоилхон кам гашта, Балхро ба минтаќаи мењварии Афѓонистон, чї дар берун шудани неруњои ISAF ва чї дар интихоботи ќарибулвуќуъи президенти Афѓонистон табдил медињад, ки боз њам ба фоидаи Тољикистон мебошаду дасти Тошкандро дар љануб кўтањтар мекунад; д) ИМА ќонуни Љейсон-Венник»ро барои Тољикистон барњам зада, бо шарикони аврупоияш мусоидат мекунанд, ки то ахири њамин сол Тољикистон узви Созмони Байналмиллалии тиљорат (СБТ) гардад. Ин дар навбати худ, ба Душанбеи расмї имкон медињад, ки дар баробари лоињањои путинии Иттињоди гумрукї ва Иттињоди кишварњои Авруосиёї, ки решааш аз авруосиёгарии гумилевї бармеояду барои давлатдории миллии тољикон хатарњо дорад, аз маневрњои зиёдтар кор гирад; е) Сохтмони роњи оњани ЁвонВањдат маблаѓгузории байналмиллалї ёфта (муттасифона, барои кашол додани ин сохтмони стротежї касе њанўз њам зиндонї нашуду баъзе нињодњо арзиши эљоди онро ба таври сунъї то 150 миллион доллар боло бурдаанд, ки назди манофеъи миллї ва давлат нобахшиданист), маркази кишвар ба љануб пайваст мешавад. Бандар ва пули Айвољ дар ноњияи Шањритус сохта шуда, моро бо наздиктарин ва амнтарин роњ ба Мазори Шариф мепайвандаду (роњи њозираи сифаташ нисбатан хуб ...километрро ташкил дода, аз Ќундуз убур мекунад, ки ташкили амнияташ, бинобар релефи мањал, нуфуси ќабоил ва дастрасии хадамоти љосусии Русияву Ўзбакистон мушкилињо дорад) роњи оњани Тољикистон тавассути Мазори Шариф бо Туркманистон васл мегардад. Ин дар навбати худ дер ё зуд Тољикистон ва Эронро бо хати роњи оњан мепайвандаду имкони баргардонидани ќарзи 1 миллиарддоллараи Чин, ки аз ин масир лулаи газї кашиданист, пайдо мешавад, зеро транзити газ бепул, ки нест. Ин роњ њамчунин транзити молу колои чиниро аз масири Кулма - Обигарм - Вањдат - Шањритус - Мазори Шариф - Кобул (алтернативаи арзони Гуанжоу - Бандар Аббос ), ки њуду-

фишор ва талаби ќирѓизњоро барои њаќќи 50 - дарсада доштан дар транзит ба Афѓонистон бекор мегардонад. Њамчунин ин роњ Бадахшони моро тавассути тунели Чатрол бо Покистон мепайвандад, ки ќимати мањсулоти ѓизої ва баъзе аз масолењи сохтмониро барои бадахшониён то 50 % кам карда, боиси рушди бесобиќаи ин минтаќаи кўњистони мамлакат мешавад; з) Муњимтар аз њама, ба Ўзбакистон инњисорї кардани техникаву аслињаи ќиматаш баробар ба 2,5- 3 млрд. доллари ИМА, ки бояд дар Осиёи Марказї бимонад, муяссар нашуда, ќавитарин нерўи њарбиву иќтисодии минтаќа шудани Тошканд, ки бидуни шубња, дар пай тањдиду хатарњо ба давлатдории миллии тољиконро дорад, номумкин мегардонад. ЭФФЕКТИ «АЭРОДРОМ ПОДСКОКА» Ва дар ахир, як далели дигар: ваќте Владимир Путин ба хотири дилљўї ва ё маблаѓ шуда, барои ба иљора додани фурудгоњи Уляновск бо НАТО шартнома имзо кард, дар љавоб ба мухолифони сиёсияш гуфт, фурудгоњи Уляновск барои шарикони ѓарбии мо, ба таъбири њарбиён як аэродроми подскок аст. Дар њоле, ки Кремл худ дониста ё надониста, стротежии амрикоии Роњи нави абрешимро эътироф карда, объекти он шудааст, пас чаро мо-тољикистониён аз ин шонси воќеан таърихї, ба сифати субъект истифода набарем? Магар дар чунин вазъу њол, беамалї ва камњавсалагии мо маънии камхирадї ва бељуръатии сиёсїро надорад? Бале, аќл фарёд дорад, ки дорад. Пас, дигар љойи шубња нест, ки ин корро бояд ба хотири дур кардани тањдиду хатарњои воќеї аз давлат ва љомеаи Тољикистон, ба хотири рушди миллї кард, њарчанд мутмаинан метавон гуфт, ки ин кори тобистона хеле гармиву тафсиданњо дар пай дорад ва њам маълум, ки истиќлолият зањмат дорад, пеш аз њама барои президенти Тољикистон. Саймиддин ДЎСТОВ


10 №16 (292), 11-уми июли соли

2012

Муњаммад Мурсї гуфт, ки вай озодињои динї, бисёрњизбї ва бунёди љомеаи демократиро дар Миср кафолат медињад, на барпо кардани низоми мазњабиро. Охири њафтаи гузашта президенти тозаинтихоби Миср Муњаммад Мурсї бо фармони худ ќарори суди конститутсионии ин кишварро дар мавриди мунњал эълон шудани парламони Миср лаѓв кард. Ин парламон баъди пирўзии инќилоби мардумї рўи кор омада буд ва аксари курсињои онро намояндагони ањзоби исломї, бахусус «Бародарони мусалмон» ишѓол карда буданд. Аммо дар арафаи баргузории даври дуюми интихоботи президентї њукумати низомии Миср онро аз фаъолият боздошт. Њатто вазъ ба гунае шакл мегирифт, ки аксари тањлилгарон мегуфтанд агар номзади исломгароён дар интихобот пирўз ояд, пас ин њукумат илољи дигаре нахоњад дошт, ба љуз он ки натиљаи интихоботро нашносад ва ба инобат нагирад. Аммо тахминњову гумонњо амалї нашуданд. Билохира, комиссиюни интихобот эълон кард, ки Муњаммад Мурсї пирўзи даври дуюм аст. Ва ин ваъдаи аввалини ў буд, ки мегуфт, парламонро ба фаъолияти худ боз хоњад гардонд. Дар суханронињои пасазинтихобоии Муњаммад Мурсї нукоти зиёди ќобили бањс мављуданд, ки бархе аз воќеъияти љањон ва кишвар бармеоянд. «Бародорони мусалмон» ягона њизби сиёсї ва ќадимии ин мамлакат мањсуб мешавад, ки бунёди љомеаи исломї дар Мисрро шиори худ карда буд. Ин њизб аз нахустин рўзи оѓози инќилобњои мардумї ташаббусро ба даст гирифт ва њамон рўзњо њам аз ин ормони муќаддаси худ сухан мегуфт. Аммо баъди пирў зї Муњаммад Мурсї роњи дигарро интихоб намуд. Вай аз арзишњои исломї даст накашид, вале гуфт Миср њаргиз мамлакати низомаш мазњабї нахоњад бу д. Вале ба дунболи ин њарфи дигар њам гуфт: низоми оянда вобаста ба райъи мардум аст. Яъне, ин мисриёнанд, ки шакли давлатдории худро муайян мекунанд. Ва агар чунин аст, пас дар њамапурсї оид ба ќабули Конститутсияи нав ин суол њам матрањ хоњад шуд. Вале њоло Муњаммад Мурсї гуфт, ки вай озодињои динї, бисёрњизбї ва бунёди љомеаи демократиро дар Миср кафолат медињад, на барпо кардани низоми мазњабиро. Раиси Кумитаи омодасозии конститутсияи нав Айман НУР ба хабарнигорон гу фт, ки Мурсї баробарии пайравони њамаи адён ва занонро кафолат дод. Мо бояд барои бунёди як љомеаи маданї, озод, демократї ва шањрвандї кўшо бошем. Президент мањз инро љидан кафолат дод. Му њаммад Мурсї љонибдори он аст, ки љадвали ќатъии роњандозии ислоњ оти сиёсї дар кишвар тартиб дода шавад ва он риоя гардад. Мо ба ў дар шакли хаттї њуљљатеро пешнињод кардем, ки тибќи он вай бояд нуќтаи назарњои муњими рушди љомеаро кафолат дињад. Президент онро бо камоли майл ќабул кард.

ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Соро бинти Талал бини Абдулазиз, љияни шоњи Арабистон Саудї, ки чандин сол ба инљониб дар Британяи Кабир зиндагонї мекунад, аз маќомоти ин кишвар хостори паноњандагии сиёсї шуд. Малика Соро мегўяд ў ва чор фарзандашро дар ватанаш хатар тањдид мекунад. Дар матбуоти Арабистони Саудї зидди ў як маъракаи таблиѓотии тўњматомез роњандозї шудааст. Вай гуфтааст, ки аллакай чанд бор аст, ки кўшиш мекунанд ўро рабоянд ва ба ватанаш гусел кунанд. Соро бинти Талал бини Абдулазиз аз соли 2007 ба инљониб дар Британи кабир зиндагонї мекунад. Вай аз модар мероси гаронбањое дорад, ки тибќи иттилои хабаргузорињо бештар аз ним миллиард долларро ташкил медињад. Вале маќомоти Арабистони Саудї аллакай ба тањ-

МУЊАММАД МУРСЇ - ПЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ МИСР

Аз номи ислом рў ба демократия На њамаи инќилобњои исломии ахир ба ислом содиќ монданд. Вазъи љањон водор кард, ки пешвоёни инќилобї равиши демократии татбиќи андешањои худро љўё шаванд. МУБОРИЗАИ НАВУ КЎЊНА БУД, НА ИСЛОМУ КУФР Охири садаи 20 ва дањаи аввали ќарни 21, бидуни шак, оѓозу ављи бедорињои исломї дар олам аст. Агар зангўлаи ин бедорї аз пирўзии инќилоби исломї дар Эрон ба садо даромада бошад, пас ављи он инќилоби Тунис ва Миср буд, ки имрўз солорана ба сўи љомеаи умедњо гом мезанад. Вале аз миён танњо дар Эрон инќилоб ба ормонњои худ содиќ монд. Баъди суќути шоњ дар ин мамлакати форсинажодон низоми давлатдории шариатї њоким гардид. Зеро пешгоми њаракати инќилобї исломиён буданд. Талоши исломгароёни Туркия то њанўз натиља надодааст, зеро њизби исломии он роњњои демократї ва сиёсиро дар увлавият ќарор дод. Њизби адолат ва тараќќиёт, ки дар заминаи Рифоњ-и Наљмиддини ЭРБАКОН ба вуљуд омада буд, чї дар гузашта ва чї имрўз ошкорои бунёди љомеаи исломиро надошт ва надорад. Ин њизб бо роњи демократии рушд равона шуд ва ягона коре, ки имрўз ба нафъи Ислом мекунад, зидди Исроил ва хостањои давлати яњудї садои эътироз баланд кардан аст. Ба назар мерасад пирўзињои исломии инќилобњо асри худро пушти сар гузоштанд. Њаракатњо ва ањзоб роњи мусолиматомези расидан ба њокимиятро мељўянд, ки њарчанд ду-

рудароз ва пурмашаќќат аст, вале аз нигоњи амниятї хатари камтар дорад. Бањори араб, ки њанўз идома дорад, як лоињаи аз берун тањмилшудаву танзимшуда аст ва ба инќилобњои исломї рабте надорад. Њамчуноне дар Миср мебинем, ин лоиња ба хотири сарнагунсозии њокимони худкома рўи амалро дид. Вале њизбњои сањим дар ин таѓйироти бунёдї акнун ногузиранд он њама мушкилотро аз сар гузаронанд ва баќои худро барои дањсолањо таъмин созанд. Пирўзии Мурсї дар интихоботи ахири Миср на ба он маъност, ки Бародарони мусалмон пирўз омадааст. Интихоботи ахир як навъ нишони эътирози мардум ба низоми кўњан буд. Аксарият ба хотири роњ надодани намояндаи низоми пешин ба кохи раёсати љумњурї пои сандуќњои раъй омаданд ва ба номзади исломгароён танњо ба он хотир овоз доданд, ки Ањмад Шафиќро ба курсии президентї набинанд. Ин буд, ки ба љонибдории Мурсї либералњо, чапгароён ва марказхоњон овоз низ доданд. Мурсї бо назардошти њамин дар аввалин рўзи эълони пирўзї ваъда дод, ки вай президенти њамаи мисриён хоњад буд. Ва аввалин иќдомаш њам он буд, ки узвияти худро дар Бародарони мусалмон ќатъ кард. Мурсї чун сиёсатмадори борикбин донист, ки љонибдорон ва мухолифони низоми баъдимуборакї, таќрибан, бароба-

ранд. Аз ин рў, вай наметавонист чун намояндаи як њизб ќудратро тасаллут кунад. Акнун дар Миср хилофи дигар кишварњо њизби њоким вуљуд нахоњад дошт. ДУШМАНИ ДЎСТНАМОИ МИСР Аз муњимтарин мушкили Мурсї дар сиёсатњои байналмилалї равобит бо давлати яњудист. Њанўз замонњое, ки њатто ба интихобот омодагї шурўъ нашуда буд, Муњаммад Мурсї гуфта буд, ки шинохти расмии давлати яњудї дар дафтари кории Бародарони мусалмон ќарор надорад. Вай њатто мегуфт Мисри баъди инќилобї метавонад ва њаќ дорад дар равобит бо Исроил таљдиди назар кунад ва бахше аз созишномањои амниятии худро дар ин замина лаѓв созад. Вале воќеъияти давлатдорї дар Миср аз эълони њар гуна андешањои зиддиамрикоиву зиддиисроилии ањзоб фарќ мекунад. Замоне, ки Мурсї ва љонибдорони вай њарфњои зиддиисроилї мегуфтанд, масъулияти идораи њокимиятро надоштанд. Њоло мебояд њам њокимият кард ва њам худро ба сиёсатњои љањонї мутобиќ намуд. Миср вобастагии шадиди иќтисодї аз ИМА дорад ва он замоне, ки роњњои алтернативии пур кардани буљаи давлат аз њисоби дигар пайдо нашавад, Ќоњира наметавонад ба умеди кўмакњои ИМА нашавад. Дар сурати ихтилофи назар

бо сарони давлати яњудї ва ё тањдиди лаѓви созишномаи Кемп-Дэвид Тел-Авив хоњад кўшид Амрикоро мутаќоид созад, ки љилави Мурсиро дар дасти худ нигоњ дорад. Аммо тањлилгарони давлати яњудї пањлуњои мухталифи ќазияро баррасї мекунанд ва ба давлати Натанёњу ѓояњои љадиди муносибат бо Мисрро пешнињод менамоянд. Онњо мегўянд, он ки низомиён сари ќудрат њастанд ва онњо нахоњанд гузошт, ки созишномаи амниятї лаѓв шавад, эътимоднок нест. Дар Миср низ њолати Туркия пеш хоњад омад. Њарбиён дар Туркия чун диданд обруву нуфузашон комилан аз байн меравад, худро ба сафи њизби адолат ва тараќќиёт, ки зимоми њокимиятро дар даст дорад, заданд. Вазъи низомиёни Миср њам хароб хоњад шуд. Аз ин рў онњо аввалтар аз њама дар талоши њифзи мухторияти молиявї хоњанд зад. Зеро дигар аз ин ба баъд наметавон ба табаддулоти њарбї умед баст, зеро Миср роњ ва рўњи инќилобї дорад. Дар сурати роњандозии табаддулот мардумро зидди худ мешўронад, ки оќибати ин даргирии мудњиш бо сокинони кишвар аст. Аз сўи дигар, тањлилгарон ба сарварони давлати яњудї он нуктаро гўшзад мекунанд, ки кўмаки њарбии амрикої шахсан барои Мурсї ќобили ањамият нест, зеро вай хуб медонад, ки ин як василаи таъминоти њарбиён аст ва агар онро амрикоињо ќатъ кунанд њам, на ўву њукуматаш, балки низомиён зарар мебинанд, ки бе ин њам њисси бадбинї бо ў доранд. Аз сўи дигар, амрикоињо ба Мурсї эњтиёљ доранд, то ки ў ба онњо. Шимон БАРАК, тањлилгари умури амнияти Исроил навиштааст: Дар њоле, ки Вашингтон таќрибан њама абзорњои фишор ва нуфузро дар Ховари Миёна аз даст медињад, иттињодаш бо Миср ва канор омадан бо сарвари нави он њаётан муњим мебошад. Ин буд, ки Барак ОБАМА низ аз аввалинњо шуда Муњаммад Мурсиро расман ба Амрико даъват намуд ва ќарор аст ин сафар моњи сентябр сурат гирад. Сиёсатмадорони яњудї ду омили эњтимолии бесуботкунандаи вазъ дар равобит миёни Миср ва Исроилро пешгўї мекунанд, ки яке оянда ва дуюмї метавонад њамин шабу рўз ба вуќўъ пайвандад. Ин хориљ шудан аз созишномаи Кемп-Дэвид ва лаѓви њама гуна муоњадањои њамкориест, дар замони Њуснї Муборак имзо шудаанд. Аз ин рў онњо ба Бинёмин Натанёњу тавсия медињанд, ки аз Ваашингтон бихоњад то шоњигарињои халиљи Форсро ба кўмаки иќтисодї ба Миср ташвиќ кунад ва њамзамон бо ин ба Мурсї њам гўшзад кунанд, ки фикри лаѓви созишномаи Кемп-Дэвидро накунад. Аз сўи дигар барои Арабистони Саудї низ суботи Миср чун боду њаво зарур аст.

Фирўз МУЊАММАД

Роњи як зани ислоњталаб ва обрўи шоњи Саудї Ин хабари аввали њафтаи љорї буд. Шоњдухтари Саудї аз Британияи Кабир таќозои паноњандагии сиёсї кард. Дар номаи дархостии худ навишт, ки дигар наметавонад таъќибњои ошкоро ва фишорњои рўњии хонадони шоњаншоњиро тањаммул кунад. Хабари мазкур дар як муддати кўтоњ аз тариќи маъруфтарин хабаргузорињои олам ва машњуртарин нашрияњои чопи Британия The Daily Mail ва The Telegraph пањн гардид

римњои ошкорои як зани озода ва ба истилоњи худашон саркаши хонаводаи шоњаншоњї пардохтаанд. Суратњисобњояшро дар бонкњо масдуд кардаанд ва фишорњои зиёди равониро болояш фурў рехтаанд. Одамрабої ва њабсњои тўлонии берун аз адолати додгоњи дар Арабистони Саудї ба њукми анъана даромадааст. Дар ин кишвар конститутсия танќиди хонаводаи шоњро манъ мекунад. Вале ин бор на каси дигар, балки узви наздиктарини хонаводаи Саъудї лаб ба шиква боз кардааст.

Садои Сорохонум садои эътирози танњо як зан нест. Дар ин кишвари шоњаншоњї шояд миллионњо нафаранд заноне, ки аз њуќуќњои аз дастрафтаи худ бояд лаб ба шикваву шикоят боз кунанд. Вале ку забони гўёву гўши шунаво? Њоло, ки узви як хонадони шоњ ва он њам зан толиби паноњандагии сиёсї шудааст ва мегўяд муддатњо тањаммул кард, ки гапи хонаро ба бозор накашад, вале њоло илољи дигаре наёфт, метавонад дар маркази бањсу мунозирањои сиёсиву расонаї ќарор гирад. Ин љуръати як

хонум ва боз њам малика метавонад боиси рехтани обрўи хонадони шоњ шавад. Аз ин рў дар Арабистон шояд њоло аз коре, ки сурат гирифт њайратзадаанд. Зеро њамарўза њуќуќи њазорњо зану мардро наќз мекунанд, вале њама гўё розиву танњо як тан аз хонадон ва сулолаи оли Сауд на танњо лаб ба шиква боз кардааст, балки мегўяд ин акнун эътироз аст, эътироз ба хонавода ва низоми шоњаншоњї. Малика Соро дар бораи сардии муносибатњояш бо падараш чизи даќиќе намегўяд. Танњо таъкид ме-

кунад, ки миёнашон њамдигарнофањмие рух додааст ва падар инро љиддї ќабул кардааст. Ў боз мегўяд њоло хешовандонаш вайро ба он муттањам мекунанд, ки аз мавќеъи онњо дар мавриди Эрон пуштибонї намекунад. The Telegraph навиштааст, ки Соро бинти Талал бин Абдулазиз зоњиран њам ба шоњдухтари арабї монанд нест. Ба идораи нашрия барои мусоњиба бо сару либоси аврупої ва бо нохунњои рангкардашуда ва сару рўи урён ворид шудааст. Ман барои худ як тањдидам, - гуфтааст вай ба њамсўњбатонаш дар рўзнома. Зеро ман ислоњталабе дар байни њамгинони худ њастам. Роњи ман ин роњи Исломи муосир аст.

Насрулло НИЁЗЇ


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

11

Агар салоњиятњои президенти кишвар кам карда шавад зўргўињои нињоди иљроия болои ду шохаи дигари давлатдорї камтар мешавад. Намояндагони ањзоби мухолифи кишвар аз коњиш додани салоњиятњои президенти Тољикистон сўњбат карда, ин мавќеашонро «як ѓамхорї ба Эмомалї Рањмон, на њасади сиёсї» унвон карданд. Ин нуктаро намояндагони њизбњои сиёсии кишвар зимни як конфронс, ки дар мавзўи «Наќши њизбњои сиёсї дар истиќрори ризоияти сулњ ва тањкими вањдати миллї» дар шањри Душанбе доир шуд, баён доштанд. Ба гуфти онњо, фаъолияти беш аз 20 - солаи президент Эмомалї Рањмон нишон дод, ки салоњиятњои зиёдаш масъулияти сарвазириро кам карда, боиси сангинии вазифаи роњбари давлат шудааст. Зариф Наимов, муовини роњбари Њизби сотсиалистї ва яке аз мубтакирони ин конфронс, коњиш додани салоњиятњои президентро намунаи рушди демократия дар кишвар ва сабукии дасти ў ба њайси роњбари давлат муаррифї карда, пешнињод намуд, ки чанде аз ваколатњои президенти Тољикистон бояд ба ўњдаи Маљлиси миллї вогузор шаванд. Ў, аз љумла, гуфт: «Ин пешнињод аст, то дасти президент ба масоили дигар бирасад ва фишорњои сиёсии хориљї њам болои раиси њукумат кам гардад. Як нафар аз лињози физикї њам тавони ин ќадар салоњиятњои зиёд ва тўлонии роњбариро надорад. Ин дилсўзии мо ба роњбари давлат аст». Иззат Амон, роњбари Созмони љавонони Тољикистон дар Маскав ва яке аз иштирокчиёни конфронс (ў афкори худро дар ин конфронс баён накард, зеро конфронсро ташаббускорон зуд пўшида эълон карданд)

Ањзоби мухолиф: салоњиятњои президент кам шавад! ба ин назар аст, ки салоњиятњои президент на аз барои эњтиром ба шахси ў ва ё корношоямии нињодњои дигар кам карда шавад, балки дар системаи идораи давлат миёни се шохаи он - ќонунбарор, суд ва њукумати иљроия њамеша мувозинат риоя карда шавад. - Имрўз ба касе пушида нест, ки нињоди ќонунбарори кишвар фалаљ шудааст. Њар пешнињоде, ки аз љониби гурўњи њоким ба маљлис ироа мешавад, бидуни бахсу баррасї ќабул мегардад. Ин худ бесалоњиятии нињоди ќонунбарорро нишон медињад. Тасаввур кунед, мардуми кишвар ѓайр аз ду ё се намояндаи фаъоли маљлис боќиро намешиносанд. Ин њам бармегардад сари салоњияти онњо. Яъне њамон салоњияти онњо, ки нотарсида ба бањс кашидани пешнињодњо ва ё лоињањои ќонун мебошад, аз онњо салб карда шудааст, - мегўяд Иззат Амон. - Дигар нињоди «мўњтараму мўътабар» ин суд аст, ки дар 20 соли истиќлоли кишвар боре њам мустаќилии худро нишон надодааст. Исмоил Талбаков, намоянда аз Њизби коммунист њам пешнињоди коњиш додани ваколатњои президентро бо назардошти вазъ ва низоми президентии муосир муњим мехонад. Ба гуфти ў, «њоло мушкилоти

кишвари мо аз мушкилоти Чин камтар нест, дар њоле ки Чин як кишвари бузург аст»: - Ваќти он расидааст, ки ваколатњои Њукумати Тољикистон њам зиёд шавад ва аз шонањои президенти имрўз, њар нафаре, ки дар њар кадом ваќту замон президент мешавад, гирифта шавад. Њамаи ваколатњоро ба як нафар додан ин вазнин аст. Иштирокчиёни нишаст мушкилоти печида ва тўлонии љомеаро мањз дар банду басти ќонунгузорї ва шеваи ташкили њокимият дар Тољикистон дониста, таъкид намуданд, ки бознигарии ваколатњои президенту Њукумати Тољикистон ва Маљлиси миллї таќозои замон асту бояд инро ба мардум расонд. Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, намояндаи Њизби нањзати исломии Тољикистон гуфт, «њизбњои сиёсї бояд василаи расонидани паёмеро ба љомеаро биёбанд ва рўшан бигўянд, ки њадаф аз пешнињоди коњиш додани ваколатњои роњбари давлат дар чист?! Ва оё мо дар њаќќи роњбари давлат ѓамхорї мехоњем ё манфиатњои љомеаро ба назар мегирем?». Масъули ЊНИТ гуфт: - Роње, ки Тољикистонро ба љарї мебарад, чаро онро бояд идома дод? ЊНИТ вазъро мебинад ва дилсўзона мегўяд, ки ин сиёсат хуб ва

дигараш бад аст. Агар њукумат тањаввулотро ќабул накунад ва роњи номатлубро пеш бигирад, ин дигар посухест аз нотавонмандии он. Ваќте сухан аз ѓамхорї дар њаќќи њукумат ва шахси аввали давлат биравад, мо инро љонибдорї карда наметавонем... Њикматуллоњ Сайфуллоњзода бо назардошти мустаќил набудани се шохаи њокимият асли кишвари демократї будан ва амри иљрои Сарќонуни кишварро зери суол бурд. Чунки, ба таъкиди вай, маќоми таъсиргузор дар тамоми умури љомеа њокимияти иљроия, бахусус, шахси Эмомалї Рањмон аст. Пешвоёни њизбњои сиёсї таъсиси як хадамот барои бањои љомеа дар нисбати њукуматро пешнињод мекунанд. Дар ин сурат њукумат метавонад акси худро на дар ойинаи лидерони ањзоб аз рўйи «рашку кина» дарк кунад, балки дар ойинаи љомеа ва миллат худро бишносад. Зеро бењуда нагуфтаанд, ки «рўзгор ойинаро мўњтољи хокистар кунад». Изат Амон мегўяд, наљоти њукумат мебуд, агар як хадамоти назарсанљї таъсис медод ва мунтазам аз афкор ва идеяњои мардум нисбати нињодњои њукумат бохабар мегашт: - Он гоњ ба хубї дида мешуд, ки

мардум оиди ин нињодњо чї фикре доранд. Чун бењуда намегўянд, ки хабар ва мавзўи муњиму доѓро аз мардум, љомеа метавон шунид. Афсўс, ки ин кор њељ гоњ карда намешавад. Дар умум судњои кишвар чи судњои дараљаи болої ва чи раддаи поин бараъло нишон доданд, ки мустаќил нестанд, доимо аз ќарори як нафар вобастагї доранд. Њамсўњбатам далел меорад, ки соли 2010 баъд аз хатми маъракањои интихоботи парлумонї, махсусан, Суди Олии кишвар бесалоњиятии худро нишон дод ва аввалин нишонаи демократї будани кишвар ин вуљуд доштани се шохаи аз њам људо ва мустаќили њокимият дар Тољикистон аст. Коршиносон мегўянд, агар салоњиятњои президенти кишвар кам карда шавад, зўргўињои нињоди иљроия болои ду шохаи дигари давлатдорї камтар мешавад. Маврид ба зикр аст, ки барои бори аввал дар чанд соли ахир мавзўи кам кардани салоњиятњои президенти Тољикистон рў зад. Бори ахир дар ин бора ва таљдиди сиёсии кишвар роњбари ваќти Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон Сўњроб Шарипов сўњбат карда буд, ки баъди чанде аз он даст кашид. Аммо донандагони њол бар онанд, ки њамчунин њуљљат замони роњбарии Сўњроб Шарипов ба президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ироа шуда буд, ки хуш пазируфта нашуд.

Мењрафзуни АБДУЛЛО


12 №16 (292), 11-уми июли соли

2012

Љасади Сафаров Холмуъминро Неъмат Бобољонов бо тамоми ќоидањои мусалмонї шуставу кафан кард. Худи њамон рўз љасади ин љавонмарди тољик ба ватан – Тољикистон интиќол дода шуд. Дар шањри Санкт-Петербург, аз тољикони муњољир дар бораи марди савобљўе киссањои зиёд шунидам. Ў миёни русњову тољикони ин љо бо тахаллуси Неъмати «гробовшик», маъруфу мањбуб аст. Ин тахаллусро ба ў бо маънои ягона нафаре, ки мурдаи мардикорони тољикро ин љо соњибї мекунад, нисбат додаанд. Дари хонаи Неъматро ба руйи ман њамсараш кушода, бо чењраи боз гуфт, ки шавњараш дар морги Екатеринский ас т. Кадом хонае сўхтаасту ду кўдаки тољик њалок шудаанд. Ман хоњиш кардам, ки телефони Неъматро ба ман бидињад. Ба ў занг зада, хоњиши вохўрї кардам. Ва мо њамроњи Неъмат ба морги Екатеринский омадем. Буйи баду ногуворе фазои моргро фаро гирифта буд. Њуљрае, ки мардуми мусалмонро дар тобутњо мегузоштанд, алоњида аст. Ин њам бо ташаббуси Неъмат Бобољонов, ки барои шустану кафан кардани тољикони мусалмон дар ин љо иљозат дорад. Бародар Неъмат бо дигар љавонмардони хайрхоњ Бурњон, ќорї Амруллоњ дар њуљраи алоњида машѓули шустану кафан кардани љасадњои мусалмонони ѓариб буданд. Моњи феврал буду аз хунукї њатто нафаси одам ях мебаст. Ваќте, ки ду кўдак: яке 5-сола, дигарї 7-сола, Темур ва Заринаи ѓўррамаргро кафанпеч карда, аз морг ба сањни њавлї бароварданд, ман њам инони гиряро аз даст дода будам. Наќли ин њодиса ќиссаи пурдардест, ки бояд љойи дигар пурра нависам. Аввалин саволи ман ба Неъмат њамин буд, ки ба лаќабаш Неъмати «мурдакаш» чї гунна муносибат дорад. Ваќте медонад, ки мардум ўро Неъмати «мурдакаш» мегўянд, чиро эњсос мекунад? -Мурдакашї њунар нест, балки кори хайр аст. Ваќте, соли 2005 амаки ман њамин љо, дар Санкт-Петербург ба њалокат расид, ман мушкилоти мурдабариро ба Ватан дидам ва ба худосае омадам, ки бояд ба ин кори савоб даст занам. Аслан худам ба кори сохтмон машѓулам. -Аз руйи шунидам, шумо хатмкардаи факултаи геологияи Дониш гоњи миллии Тољикистон њастед, не? -Оре, ман хатмкардаи факултаи геологї мебошам. Дар соњаи худ њамагї 3 сол кор кардааму халос. Бо таќозои ќисмат ба Питер омадам. Инак, зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар Русия кору зиндагї мекунам. Телефони мобилии Неъмат садо медињад, ў узр хоста, гўширо мебардорад. - Дар куљо? Њозир, интизор бошед…! Неъмат Бобољонов саросема ба ман мегўяд, ки дар тањхонаи кўчаи Ленин љасади љавони вањдатие дарёфт гардидааст. Ман њам њамроњаш меравам. Љавон писари яке аз домуллоњои номдори шањри Вањдат будааст. Ў аз зиёд истеъмол кардани героин ба њалокат расида буд. Тўли ќариб як моњ љасадаш дар тањхона будааст. Бародар Неъмат даст ба китфони ў бурд. Аммо дастонаш лаѓжида њамроњи пусту гўшт пойин фаромад. Дидани ин манзара дањшатнок буд барои ман. Абдурањим се сол боз дар Питер ба кори сохтмон машѓул будааст, аммо дар шаш моњи охир тамоман тайѓир ёфта, бо нафарони авбошу нашъаманд дўстї пайдо карда будааст. Пеш аз мурданаш ба писари холааш мегўяд, ки пул дењ, вале писари холааш ўро дашном дода, пеш мекунад. Бо њамин дигар ўро касе надидааст. Љасади Абдурањимро Неъмат дар морг шустав у кафан карда, њамон љо бо ќорї Амруллоњ љаноза карданд. Ба дўстону хешони марњум таъйин карданд, ки љасад тамоман ба халтаи пўсида табдил ёфта, имкони кушодани он дар Ватан нест.

НЕЪМАТ БОБОЉОНОВ

Љавон пули хонаи иљораро дода натавониста, дар берун хоб мекунад. Дар руйи харак ях карда мемирад. Боз њамроњаш шиноснома надоштааст. То муайян кардани шахсияти ў, хеле мушкилї кашидем. Баъди ёфтани наздиконаш ба онњо занг задем, ки мо пул љамъ карда ўро ба ватан мефиристем, аммо падараш гуфт, ки худаш сахт ќашшоќ аст ва имкони гирифтани љасади писараш ва мурдадорї карданро надорад. Бењтараш љасадро дар Русия гўр кунем. Ноилољ мо љасади ўро кафан карда, дар ќабристони бесоњибон гўр кардем. Одамон њам њар хел мешудаанд. -Русњои инљо шуморо њамчун гробавщик-Негмат мешиносанд... -Оре, медонам. Њамин, ки љасади тољикеро аз ягон љо нохост да-

Неъмати «гробовшик» дар Санкт-Петербург Он рўз њам суњбати мо бо Неъмати «мурдакаш» нотамом монд. Рўзи саввум, пас аз нисфирузї боз дар морги шањри Гатчина мо сўњбатро идома додем. Љасади Холмўъмин Сафаров - сокини ноњияи Шањритусро дар њоле дарёфтанд, ки аллакай љисмаш пора-пора гардида дар як њолати шинохтанашаванда ќарор дошт. Аз руйи ин њодиса парвандаи љиної кушода шуда, њарчанд дар коѓази ташхисгоњи тиббї ќайд шуда буд, ки Холмумин аз чаккаи сараш тир хўрдааст, он њамчун «худкушї», ба воситаи аз ошёнаи баланд худро партофтан ба ќайд гирифта шудааст. Дар морг Неъмат Бобољонов ба ман чунин гуфт: - Чунин њодисањо дар Русия, бахусус дар шањри Питер, ки як шањри криминалї аст, бисёр рух медињанд. Масалан, чанде пештар љавони тољикеро њамкоронаш, ки якљоя хонаи истиќоматиро таъмир мекарданд, ба воситаи пораи арматура ба сараш зада, љасади ўро бензин рехта дар вагон сўзониданд. Аммо дар делои љиної омада буд, ки «худкушї дар њолати мастї». Њол он ки ин бачаи тољик дар њаёташ машрубот нанўшида буду панљ ваќт намозашро њаргиз тарк намекард. Ўро бо супориши сохтмончиёни арманї дар заминаи ѓараз ба ќатл расонида буданд. Љасади Сафаров Холмуъминро Неъмат Бобољонов бо тамоми ќоидањои му салмонї шуставу кафан кард. Худи њамон рўз љасади ин љавонмарди тољик ба ватан – Тољикистон интиќол дода шуд. Аз Неъмат мепурсам: -Бештар кадом сабабњо боиси марги муњољирони тољик мегарданд? -Агар росташро гўям, сабаби марги ќисми зиёди муњољирон ин ба љангу љидолњо њамроњ шудани онњо, шаробхорї, нашъмандї мебошад. Њаёти худро бармањал хазон месозанд. Масалан, ба наздикї аз ноњияи Регар љавони 34-солае бо номи Ањлиддин вафот кард, ки маргаш дар натиљаи майзадагии зиёд ба вуќўъ омада буд. Њарчанд њангоми дар беморхона бори охирин табобат гирифтанаш духтурон таъйин мекунанд, ки дигар њаргиз ќатрае шароб истеъмол накунад, ў худи њамон шаб, як шиша шароб менўшад. Субњ љасади сарди ўро дар бистари хонаи иљорааш меёбанд. Дар ватан њамс ару 5 фарзанди кўчак дорад. Њолатњое њастанд, ки муњољирони мо ба гурўњи авбошон њамроњ шуда, даст ба дуздиву куштор мезананд. Оќибати чунин муњољирон њам ба марг меанљомад. Ќисми боќимонда аз њисоби беморињои сил, ќалб, хунукї, садамаи автомобилї, ѓарќшавї, бо дасти

скэнхэдњо руй медињанд. Моњи гузашта љасади љавони тољике ёфт шуд, ки бар асари хунукии шадиди берун вафот карда буд.

рёфтанд, ба ман занг мезананд. Ман бисёр орзу мекунам, ки Неъмат бошам, на Неъмати мурдакашак. Дигар ашки чашми модару хоњари то-

љикро дидан намехоњам. Ин ќадар ѓўррамарге, ки дар ин моргњои Питер ман дидаам, аз Худо илтиљо мекунам, ки дигар њаргиз мурдаи тољикро дар Русия набинам. Ин як кори хайр аст, дар роњи Худо. Барои Худо мекунам. -Мо як фонд њам таъсис додаем дар шањри Санкт-Петербург, ки ба муњољирони сахт ниёзманд кумаки моддї мерасонад. Масалан, падар ё модари муњољире дар ватан вафот мекунаду муњољир имкони харидани чиптаро надорад, мо ба ин нафарон ќисман кўмак карда метавонем. -Бозгашт ба ватанро дар наќша доред? -Њоло ин љоем. Ќисмат кадом ваќте насиб карда бошад, меравам. Аммо ман Ватанамро дўст медорам. Барои њамватани бо ору номусам љонамро дареѓ намедорам… Аз сўњбати ин марди заминї, к ибо амритаќдир ба ин љо омадааст, ба хулосае омадам, ки дар њар куљо дар њар давру замон нафаре њатман ёфт мешав ад, ки њ адди аќалл дасти тамаъ надораду дасти кумак дароз мекунад. Неъматро ба ин шањри махуф Худо фирис тодааст, х у лос а мекунам. Ва тассуф мехўрам, ин нафарон хеле каманд. Ноёфтанд. Шањлои НАЉМИДДИН


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

13

Намояндаи халќ Шўњрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешнињод кард, ки аз он моддаи Ќонуни асосї калимаи «форсї» фурўгузор шавад.

Ниёкони мо дар куўњантарин замонњо хат надоштаанд ва онро аз бумиёне ёд гирифтанд, ки сарзаминашонро ситонда буданд. Ин воќеъияти таърихї дар “Шоњнома” њам ёд шудааст. Нахустин хатте, ки ариёњо худ офариданд, хатти мехї буд, ки дар замони подшоњии Дориюши Њахоманишї (522 – 486 пеш аз милод) сохта шуд ва њамроњ бо хаттњои эломї ва оромї, яке аз се хатти расмии Эронвељ буд. Дар замони фармонравоии юнониён (330 – 250 пеш аз милод) хатти расмии Ариёно - хатти юнонї буд ва забони балхї њам ба њамин хат навишта мешуд. Ин нахустин хатти аврупоии забонњои эронї аст. Дар замони фармонравоии Ашкониён (250 пеш аз милод - 224 милодї) бар Эрон хатти расмї - хатти пањлавї шуд, ки њамчун дигар алифбоњои кўњани забони порсии миёна, суѓдї, хоразмї ва балхии ѓайриюнонї, баргирифта аз хатти идорї ва расмии оромии шоњаншоњии Њахоманишї буд. Хатти авестої низ баргирифта аз њамин хатти пањлавист, ки худ баргирфта аз хатти оромї аст. Дар замони фармонравоии Сосониён (224 – 651 милодї) бар Эрон забони идорї ва расмї, яъне забони дарї, забони порсї буд, ки мо онро имрўз порсии миёна меномем ва он яке аз забонњои эронист, ки аз порсии бостон (забони рўзгори Њахоманишиён) падид омадааст ва порсии нав (њамоне, ки мо имрўз онро форсї-дарї-тољикї меномем) дунболаи он аст. Хатте, ки ин забон бад-он навишта мешуд, боз њам баргирифта аз хатти оромї буд ва ин хаттро имрўз нодуруст хатти пањлавї меноманд. Ин забонњо, ки ёд кардем, њама забони мардуме буданд, ки дар сарзаминњои ѓарби Эронвељ ё Эрони имрўза мезистанд ва азбаски пойтахти њама подшоњињои эронї дар сарзаминњои кўњани эломї ва оромї љой дошт, хатти забонњои расмии ин подшоњињо низ аз хатти њамон мардуми бумї баргирифта мешуд. Аз он љо ки сарзаминњои Шарќи Эронвељ ё Тўрон – њамон Суѓду Балху Хоразм – низ њамвора ё фармонбардори шоњони Эрон буданд ва ё њамеша дар густараи фарњангии Эрон љой доштанд, хатти забонњои суѓдї, балхї ва хоразмї њам дар кулл аз њамон хатти оромї пайравї мекард. Хатти забони порсии нав баргирифта аз хатти арабист, ки боз њам реша дар њамон хатти оромї дорад. Пеш аз омадани арабњо ба Тољикзамин мардум ба забонњои суѓдї, балхї, хоразмї ва сакої сухан мегуфт ва менавишт (номањои Деваштичро ба ёд оварем), аммо забони порсиро низ медонист. Забони порсии корбурдї дар Тољикзамин яке аз муњимтарин нињодњо ва намодњои фарњангии тољикон ба шумор мерафт ва мардум барои посдошти он дар баробари забони арабї сахт кўшидаанд. Дар густариши забон ва хатти порсии нав сањми амирони Сомонї басе бузург аст. Амирони Сомонї ба хубї дарёфтанд, ки агар забони форсї пойгоње дар дини ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонњое дучор

Забон зуњуроти зоњирии рўњи тамоми халќњост забони онњо рўњи онњост ва рўњашон забонашон аст. Густав Шпет

Тењрон, “Тўс”. сањ. 5). Ин фатвои уламои Мовароуннањрро метавон ва бояд нахустин Ќонуни забон номид. Порсии варазрўдї дар асл омехтае аз забони суѓдї, забони порсии дарї, ки дунболаи пањлавї ва порсии сосонї ба шумор меравад ва забону хатти арабист. Аз ин љост, ки дар забони гуфтории тољикон вожањои суѓдиву бохтариву сакої бисёранд. Барои намуна номи шањру рустову дењањои кўњанро метавон овард, ки решаашонро дар забонњои шарќии эронї пайдо мекунем. Матнњои бозмонда аз адабиёти Варазрўд нишон медињад, ки ин гунаи забонї

дар иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон лоињаи Ќонуни асосї баррасї шуд. Яке аз моддањои Ќонуни асосї ин буд: «Забони давлатии Љумњурии Тољикистон забони тољикї (форсї) мебошад». Намояндаи халќ Шўњрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешнињод кард, ки аз он моддаи Ќонуни асосї калимаи «форсї» фурўгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешнињоди худ чунин далел овард, ки мо тољикем, на эронї ва забони мо тољикист, на форсї. Вай, ки ба забони русї суханронї мекард, гуфт: «Ман мефахрам, ки тољик њастам. Мо бо миллат ва забони худ бояд

маънои ќонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне 3 њазор сол аст, ки дар забони мо вуљуд дорад. Онњое, ки дар айёми мо, дар даврони истиќлоли миллї онро аз Ќонуни асосї, аз миёни истилоњоти њуќуќї ва иљтимоиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се њазор сол рафтанд… Порлумони мо аз нишони миллї як рамзи анъанавии маънавии мо – сурати шерро берун андохта, ба љои он нињоли пахтаро, ки њељ гоњ ба ќатори рамзњои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавиёт афзалтар донист.

Дўстон ва душманони забону хатти мо хоњад шуд, ки гарчи кўуњантар аз забони арабї буданд, рафта-рафта фаромўш шуданд. Аз ин рў, бодиќќат ва њушёрии тамом дар садади касби муљљавизе баромаданд, ки бар асоси он битавон осори муњими эътиќодиро ба ин забон навишт. Пас аз уламои Мовароуннањр хостанд, ки таќозои онњоро на ба сурати дархости маъмулї ё сиёсї, балки ба унвони зарурати динї баррасї кунанд. Уламои Мовароуннањр фатво доданд, ки: “Раво бошад хондану навиштани тафсири Ќуръон ба порсї мар-он касро, ки ў тозї надонад, аз ќавли Худои аззаву љалла, ки фармуд: “Ман њеч пайѓамбареро нафиристодам магар ба забони ќавми Ў ва он забоне, ки эшон донистанд”. Ва дигар он бувад, ки «ин забони порсї аз ќадим боз донистанд, аз рўзгори Одам то замони Исмоили пайѓамбар њама пайѓамбарон ва мулукони замини порсї сухан гуфтандї ва аввал касе, ки сухан гуфт ба забони тозї Исмоили пайѓамбар (а) буд ва пайѓамбари мо сали Аллоњи алайњ аз Араб берун омад ва ин Ќуръон ба забони арабї бар Ў фиристоданд ва ин љо бад-ин ноњият забон порсї аст ва мулукони ин љониб мулки Аљаманд” (Муњаммад бини Љарири Табарї, “Тарљумаи Тафсири Табарї” ба тасњењ ва эњтимоми Њабиб Яѓмої, чопи 2,

то садањои 14 – 15 м. ба шакли ќавї ба њаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Варазрўдро аз оѓози садаи 16 милодї густастел фарњангї миёни Эрон ва Варазрўд пеш омад, ки дигаргунињое дар гунаи забонии Варазрўд падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 идома дошт. Пас аз инќилоби соли 1920 дар Бухоро ва рўи кор омадани њукумати пантуркистї нахуст забони порсї аз низоми коргузории расмї дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодї љои хатти форсиро лотинї гирифт. Дере нагузашт, ки дар соли 1940 хатти кириллики русї бар дўши забони форсї бор карда шуд. Дар солњои 1920 – 1980 забони форсиро ончунон содда ва “гуфторї” карданд, ки «тољикї» ном гирифт ва рафта-рафта, рў ба нестї нињод. Бархе аз тољикдўстон бар ин шуданд, ки миллату забону фарњанги тољикро аз чанги бегонагон рањо кунанд ва дар паи муборизаи онњо 22 июли соли 1989 Ќонуне тасвиб шуд, ки забони тољикиро - забони расмї эълом кард ва «Ќонуни забон» ном гирифт… Аммо ин дувумин Ќонуни забон љавонмарг шуд. Дар ин бора устод Муњаммадљон Шакурї дар китоби “Хуросон аст ин љо” (Душанбе, Оли Сомон, 1997) чунин мегўяд: «20 июли соли 1994

фахр кунем». Вай ва баъзе касони дигар гумон доранд, ки забони худро форсї номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад. Пешнињоди он намоянда ва «далелу бурњон»-аш ба намояндагони халќ маъќул афтод. Порлумони Тољикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсї» аз номи забони миллии тољикон берун андохта шавад. Њамон рўзи 20 июли 1994, ки порлумони Тољикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тољикї (форсї)» калимаи «форсї»ро берун андохт, нисбат ба забони модарї боз як тасмими нораво гирифт: њангоми баррасии матни лоињаи Ќонуни асосии Љумњурии Тољикистон истилоњотеро чун додгоњ, додгустар, додситон, раиси љумњур рад карда, ба љои онњо вожањоеро аз ќабили суд, судя, адвокат, прокурор ќабул намуданд. Он аъзои порлумон, ки намояндаи халќ ном дошта, вале аз андешаи миллї ориву барї буданд, њељ мулоњиза накарданд, ки агар аз номи забони миллї калимаи «форсї»-ро кўр кунем, агар аз «дод», «додхоњ», «додгоњ», «додгустар» ва ѓайра, аз чунин калимањои асили тољикї даст кашем, ќисман аз асли худ даст хоњем кашид. Наметавонам аз чунин эзоње худдорї кунам: калимаи «дод» ба

Ин тарз бар зидди аломатњои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолњо њам дорад. Инњо њама намунае аз миллиятзудої ва маънавиятпарњезист… Миллатњаросї, миллиятпарњезї ва маънавиятгурезї њама як маъно доранд, аз њам дур нестанд. Њама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моњияти инсонии шахс cap задаанд. Њама дар замони шўравї аз кўшишњои саркўбии миллатњо, аз саркўбии њуввиятљўї ва вижагии нотакрори њар шахсу њар љомеа, аз моддигарої ва маънавиятбезорї ба њосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин њам маълум аст, ки аксари мероси шўравї зоѓи бадмур аст ва зањри он дер гоњ аз сиришти мо нахоњад рафт». Устод Шакурї инро дањ сол пеш навишта буд, аммо барои имрўз њам росту дурустанд. Њукумати Тољикистон имсолро Соли забони тољикї эълом карда ва барномањое баргузор мекунад. Бехабар аз он ки он ќонунро кушта ва забонро њам «рузбакї» гардондааст. Забоне, ки имрўз дар Тољикистон бад-он сухан мегўянду расона менигоранд, сахт олуда ва носуфта аст. Забонест нимарусї ва нимаузбакї ва аз тољикї дар он танњо «ї» мондаву бас… Умед ЉАЙЊОНЇ, Маскав


14 №16 (292), 11-уми июли соли

2012

Ќабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оќибатњои фољиаи Чернобил ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии ЉТ барои фарзандони шањрвандоне, ки бар асари фалокати неругоњи барќї атомии Чернобил зарар дидаанд (ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18), амалї мегардад.


№16 (292), 11-уми июли соли 2012

15

Агар шумо аризадињанда - сайёњ бошед, бояд аз љињати молиявї кафолат дода тавонед, ки харљи сафарро пардохт карда метавонед. Даъватнома ба сайёњон муфид аст, аммо њатмї нест.

?-И НОБОБ БАРОИ НИГОЊУБИНИ КЎДАК ДАВЛАТ КАДОМ ИМТИЁЗЊОРО МУЌАРРАР НАМУДААСТ? - Барои нигоњубини кўдаке, ки фарзанди якум ба њисоб меравад ва ё модараш дар ягон корхонаи давлатї ё мактаб кор кунад, мувофиќи ќонунњои љории кишвар давлат кадом имтиёзњоро муќаррар намудааст? Зиёдулло БЎРИЕВ, сокини дењаи Ќалъаи Њисори ноњияи Њисор - Барои љавоб ба саволи шањрванд аз Ќонуни ЉТ "Дар бораи суѓуртаи давлатии иљтимої" аз 13-уми декабри соли 1997, № 517 истифода мебарем. Тибќи моддаи 14-и ќонуни мазкур њангоми таваллуди кўдак дар оила кўмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад: кўмакпулии якваќта бинобар таваллуди кўдак; кўмакпулии њармоња барои нигоњубини кўдак; кўмакпулии якваќта бинобар таваллуди кўдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад: њангоми таваллуди кўдаки якум ба андозаи се нишондињанда барои њисобњо; њангоми таваллуди кўдаки дуюм ба андозаи ду нишондињанда барои њисобњо; њангоми таваллуди кўдаки сеюм ба андозаи як нишондињанда барои њисобњо; Кўмакпулї дар љои кори (тањсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё тањсил накунанд, - аз љониби шўъбањои њифзи иљтимоии ањолии мањалли истиќомат пардохта мешавад. Кўмакпулии якваќта њангоми таваллуди кўдак аз рўзи таваллуди кўдак таъин ва пардохт мешавад, агар мурољиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моњи пас аз рўзи таваллуди кўдак сурат гирифта бошад. Дар сурати додани рухсатї ба зан барои нигоњубини кўдак то ба синни якунимсолагї расидани ў, барои ин мўњлат, дар љои кор аз њисоби маблаѓњои суѓуртаи иљтимої ба андозаи 100 фоизи нишондињанда барои њисобњо ба ў кўмакпулии њармоња барои нигоњубини кўдак пардохта мешавад. Бояд ќайд кард, ки нишондињанда барои њисобњо ба миќдори 40 сомонї бо муќаррароти Ќонуни ЉТ "Дар бораи нишондињандањои њатмї" ќабул шудааст. Ба саволи Шумо сармутахассиси шўъбаи кафолатњои иљтимої ва сатњи зиндагии ањолии Раёсати њифзи иљтимоии Вазорати мењнати Тољикистон Набиљон ЉЎРАЕВ љавоб дод.

?-И БОБ АГАР ШАХСИ САФАРКУНАНДА БА ИМА КАМТАР АЗ 10 000 ДОЛЛАРИ ИМА ДОШТА БОШАД, ОЁ ДАР САФОРАТИ ИМА ДАР ТОЉИКИСТОН БА Ў РАВОДИД ДОДА НАМЕШАВАД? - Агар шањрванди Тољикистон ба муддати 1 моњ хоњиши саёњати ИМА-ро дошта бошад, барои ў кадом њуљљатњоро дуруст кардан шарт аст? Шарту шароити гирифтани раводиди (виза) ИМА чї гуна аст? Овозањо атрофи он ки агар шахси сафаркунанда камтар аз 10 000 доллари ИМА дошта бошад, дар Сафорати ИМА дар Тољикистон (Душанбе) ба ў раводид дода намешавад, то куљо воќеият дорад? Шахси эњтимолии сафаркунанда ба ИМА њамчун сайёњ бояд њамроњи худ чї ќадар маблаѓ дошта бошад? Муњибуллоњи АБДУЛЛОЊ, сокини ноњияи Исмоили Сомонї - Иёлоти Муттањидаи Амрико сафари сайёњон ва дигар боздидкунандагонро ба ИМА љонибдорї мекунад. Барои ба ИМА рафтан шумо бояд раводиди асл дошта бошед. Арзиши раводид 160 доллар мебошад ва аризадињанда њатто агар ба гирифтани раводид шарафёб нагардад, ин маблаѓ баргардонида намешавад. Њаљми маблаѓ, ки барои сафар зарур аст, муайян карда нашудааст. Њамчун аризадињандаи раводид шумо љои истиќомати худро бояд дуруст нишон дињед. Хангоми сўњбат бо консул бояд ўро бовар намоед, ки дарозмуддат дар ИМА намемонед ва њангоми ба охир расидани мўњлати раводид ба ватанатон бармегардед. Њамчунин бояд шумо исбот карда тавонед, ки як миќдори маблаѓи муайяне доред, ки ба он њангоми тамоми будубош дар ИМА зиндагї карда шавад. Шумо бояд њуљљатњои худро мувофиќ ба намуди раводи дархостиатон тайёр карда супоред. Агар шумо донишљўи аризадињанда бошед, бояд њуљљати асли I-20-ро биёред ва исбот карда тавонед, ки маблаѓи тањсили худро пардохт карда метавонед. Агар шумо дар ягон конфронс иштирок карданї бошед, бояд даъватномаи аслро, ки даъвати шуморо он љо шањодат медињад, биёред ва кафолат дода тавонед, ки њангоми будубош дар ИМА харљи сафари хешро пардохт карда метавонед.Агар шумо аризадињанда - сайёњ бошед бояд аз љињати молиявї кафолат дода тавонед, ки харљи сафарро пардохт карда метавонед. Даъватнома ба сайёњон муфид аст, аммо њатмї нест. Як чизи дигар набояд фаромўш шавад, ки аризадињандагони сафар ба ИМА бояд консулро бовар кунонида тавонанд, ки њангоми будубош дар ин давлат танњо ба он фаъолияте машѓул мешаванд, ки дар раводиди онњо иљозат дода шудааст. Масалан, донишљўён ва сайёњон њангоми будубош дар њудуди ИМА наметавонанд кор кунанд ва аризадињандагони ин намуди раводид бояд консулро бовар кунонанд, ки фаъолияте, ки ба онњо иљозат дода нашудааст, ба он даст намезананд. Агар додани раводидро ба шумо рад карданд, шумо метавонед такроран барои гирифтани он њуљљатњоятонро супоред, вале бояд ба инобат гиред, ки њангоми дар зиндагии оилавї, иштимої ва молиявиятон гардиши куллие рух надодааст, маслињат дода мешавад, ки аз такрори супоридани њуљљатњоятон худдорї намоед. Шумо њамчунин метавонед, ки аз сари нав њуљљатњоятонро барои гирифтани раводид супоред, агар эњсос мекунед, ки ќайди муњимеро њангоми сўњбат бо консул фаромўш кардаед.Лутфан бояд ба назар бигиред, ки чунин таѓийрот метавонад як моњ тўл кашад ва њатто метавонад то як сол дароз шавад. Чунин таѓйиротњо аксар ваќт зуд анљом дода намешаванд. Ба саволи Шумо консули Сафорати Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон бону Мэри ЭРМЕЛ посух дод.

Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, тел: 985 60 86 85


16 №16 (292), 11-уми июли соли

2012

Каме дуртар модараш ва хоњараш фиѓону нола доштанд… Аз нисф зиёди гурезањо шањид шуда буданд. Нињоят Хаїриддин љасади бељони падарашро пайдо кард. Љасадњоро ба хок супурданд.

ЛАТИФАЊО

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Шўхињо аз адвокат Зафар Ќурбонов - Не, якто биёред кифоя, ман сер шудам…

ДУ ДИЛДОДА Љавони шањрї дилдодааш - донишљўдухтари дењотиро ба тарабхона даъват мекунад. Ошиќу маъшуќ сари миз мешинанд, љавон њар гуна ѓизо фармоиш медињад. Баъди хўрок хўрдан љавон ба пешхизмат мегўяд: - Духтари зебо, хоњиш мекунам, ду дона дандонков (зубочистка) биёред! Духтараки дењотї мегўяд:

ДАСТГОЊИ КОЛБАСА Як љавон ба Русия мардикорї меравад. Чанд сол гум мешаваду ягон тин намефиристад. Падараш рафта, кофта, писарро ёфта, ба ватан меорад ва ба сехи колбасабарорї њамроњи худаш ба кор мегирад. Падар ба писараш мефањмонад: - Ана, гўсфандро мегирї, дар дастгоњ мепартої, аз онтараф колбаса мебарояд, якташ аз давлат, якташа ин тараф мемонї, аз худамон, фањмидї?! Писараш намефањмад. Њамин тавр чанд бор падар мефањмонад, аммо писар намефањмад. Љавон аз падараш мепурсад: - Дада, оё њамин гуна дастгоњ њам

(њаќиќати воќеї аз наќли шоњидони зинда) Одамоне, ки љангро дидаанд, дар ин мавзўъ бештар хомўширо ихтиёр мекунанд ва ба ёд овардан намехоњанд. Падар, барои чї самолётњо бомбњои худро дар лаби дарё мепартоянд? Ин суоли Хайриддини он замон 17-сола буд. Чунки бояд бе бомб ба база баргарданд. Аз афташ самолётњои русњоанд. Агар аз они Тошканд мебуданд, ин тавр намекарданд... ва ин охирин посух ё њарфњое буданд, ки аз падараш шунид. Тўдаи дарози гурезањо, ки асосан аз муйсафедону зану духтарон ва кўдакон иборат буд, ба самти Љиликул роњ мепаймуданд. Њаво тасфону чангу ѓуборолуд буд. Самолётњо аз болои сарашон ѓурросзанон мепариданд. Њељ кас бовар надошт, ки онњо ба сўи гурезањо бомб мепартоянд, бинобар ин дигар ба онњо эътибор њам намедоданд. Пад ари Хайри ддин аз рўи самти омадани њавопаймоњо аниќ гуфта метавонист, ки онњо аз они Русияанд ё Ўзбакистон. Ва њар бор аз роњравї боз истода, сар мебардошту аз кадом самт омадани самолётњоро нигоњ мекард. Он ваќтњо Тољикистон њавопаймоњои љангї надошт. Боз ѓурроси самолёт садои шарфаи ќадамзанї ва гоњ-гоњ садои гиряи кўдакњоро халалдор намуд. Ин дафъа падари Хайриддин аз самти дигар омадани њавопаймоњоро дида, безобита менамуд ва чизе гуфтан мехост. Бо садои ѓурроси самолёт садои таркиши бомб њамовоз шуд.

Ба гурезањои мардуми одию беяроќ паи њам бомб партофта мешуд. Доду фарёд њама љоро пахш кард. Њама њар тараф мегурехт. Бомбњо дар миёни тўдањо зада, мекафиданд. Љасадњо ба њар сў пош мехўрданд. Тўдањо пароканда мешуданд. Њама ба њар тараф мегурехт… Хайриддин аз байни љасадњо падарро мељуст… Каме дуртар модараш ва хоњараш фиѓону нола доштанд… Аз нисф зиёди гурезањо шањид шуда буданд. Нињоят Хаїриддин љасади бељони падарашро пайдо кард. Љасадњоро ба хок супурданд. Хайриддин ба модараш гуфт, ки ба дења баргашта, зидди душманон яроќ мегирад. Аммо модар ин дафъа низ розї нашуд. Дирўз ба онњо хабар рас ид, ки а з де њаи њамс оя њамаи мардону љавонписарони то-

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

- Роњи решакан кардани порагирї њангоми ќабули довталабон дар мактабњои олї ёфт шудааст, вале татбиќи он ваќт мехоњад.

НАБЕРАИ ЃАМХОРИ БИБЇ Сарбози ќаторї ба хонаашон граната мефиристад ва дар номааш менависад: - Бибиљон, агар шумо њалќаи њамон чизи фиристодаи маро кашед, ба ман се рўз рухсатї медињанд… КАЛЎШЊОИ ПЎЛОДБОЙ Пўлодбой аз масљид баромада, дид, ки калўшњояш нестанд. Ба худаш гуфт: - Ман кай рафтам, ки худам нафањмидам?

љикро ба самти Регар бурда, ба чуќурие партофтаанд. Ва зинда ба зинда бо булдозер онњоро гўр кардаанд (!) Ин кори дасти гурўњи Ибод ва љангиёни аз Ўзбакистон омада буд. Он солњо дар Регар бо забони тољикї гап задан мумкин набуд. Солњо гузаштанд. Хайриддин шањрвандии Русияро гирифт ва 16 сол мешавад ба Ватан барнагаштааст. Чунки дигар дар Тољикистон касе надорад. Хайриддин дар чашм доим айнаки сиёњ дорад. Чашмони худро мепўшонад. Мегўянд, дар чашмонаш сафедие нест. Сафедињо њама хун гирифта, сурх гаштаанд. Пас аз он ки модару хоњарашро дар пеши назараш бо вањшоният ба ќатл расонидаанд. Худоё, ќурбониёни љанги шањрвандиро сазовори бињишт гардон! Худоё, душманони миллати тољикро ба бадтарин рўзњо гирифтор намо!

- Ин решаро, ки 20 сол боз сероб кардаед, он ќадар устувор ё тавре баъзењо дўст медоранд, гўянд, «сварка» шудааст. Акнун бо булдозер кандан намешавад. Ин чї роњ будаасту чанд ваќт талаб мекардааст?

Вазоратљоп Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: -Аз љумла љисме аз вазоратњо лоиќи ихтисор ва бори зиёдатї ба дўши буљет њастанд. Харољоти вазоратњо аз њисоби буљет аст. Њатмї нест, ки дар Тољикистон миќдори мављудаи вазоратњо фаъолият намоянд. Дар Љопон ба њамон ќадар бузургиаш њамагї 11 вазорат аст. Дар мо ба 14 адад мерасанд. - Хап кунед, ки нафањманд! Дар Љопон бо њама бузургиаш як мансабдор чанд фарзанд, чанд домод, чанд љиян, чанд язна дорад, медонед-мї? Ба 14-тояш њам шукрона кунед.

Љидмушкил Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: -Албатта, фарњанги сиёсии муосир таљозо мекунад, ки мўњлати роњбарии як нафар мањдуд карда шавад. Вале дар инњо омили аслї интихоботи шаффофу демократист, њатто агар як нафар ба муддати тўлонї њам роњбар бошаду номзадии худро дубора бигзорад ва интихобот шаффофу демократї гузарад, ин чандон мушкили љиддие нест. - Чї хел фањмем, мушкил њаст, аммо љиддї нест? Ња, айнан мисле, ки ба чашми бино хори майдаяке мехалад-а? Њамту-мї?

Штукаккос Франк ВАРД, профессори Коллељи HOLYOKEи Амрико: - Имрўз ман се нафар аккосро дар дарсњои худам вохўрдам, ки дараљаи њирфаияташон аз аккосони номии Амрико камтар нест. Аммо аксњои онњо ба љањониён муаррифї намешавад… -Э-ња-а-а! Аккос њам гап-мї? Дар мо њар як депутату сиёсатмадори њирфаї њаст, ки… Мо онњоро муаррифї намекунем, чунки метарсем, ки онњоро њам мисли штукатуршикњо ба хориља љалб накунанд.

www.ilhom.wordpress.com

Бехоморраис Насимљон РАСУЛОВ, раиси Бахши ташкилии ЊХДТ: - Агар ин омор дуруст бошад, чунин бармеояд, ки њар моњ се њазор нафар ба њизби њоким шомил шудаанд. Агар ба аризањое, ки феълан аз тарафи сокинон ба бахшњои ноњиявию шањрии њизб омадаанд, назар шавад, шояд, ин раќам аз 18 000 нафар њам бештар бошад. - Агар ин омор дуруст бошад, аз бехаш, ана вая, чї буд номаш, коррупсияро дар њизбу њукумат решакан кардан мумкин мебуд. Гап метед да!

Аќлситодохир Николай МАКАРОВ, сардори Сарситоди нерўњои мусаллањи Русия: - Раванди музокирот дар бораи пойгоњи 201-уми Русия дар Тољикистон бо мушкилї пеш меравад. Вале мо мутмаинем, ки дар охири кор аќли солим боло хоњад гирифт. - Шумо дар унља мутмаинед, мо дар ин љо мутмаинем. Вой, бар њоли аќли солим… Охири кор ба хайр бошад! Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон

Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.

Нуриддин САИДОВ, вазири маорифи Тоњикистон:

њаст, ки аз интараф колбасаро партої, аз он тараф гўсфанд барояд? Падараш ѓазаболуд мегўяд: - Ња, њаст! Ин дастгоњ - очат!!!

МАРДИКОРНОМА

Ёде аз љанги шањрвандї

Решвазваќт

Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01

 Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї  Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09

№16 (292). Чоршанбе, 11-уми июли соли 2012  

"Вазорати тандурустї ба мутахассисони худ боварї надорад"