Issuu on Google+

Филмњои тољикии фањшомез бошанд?

Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол

Ќосими БЕКМУЊАММАД: Бо Путин метавон ба разведка рафт? Шарњи сиёсї

| №15 (291). Чоршанбе, 4-уми июли соли 2012 |

Љаноби ИКС:

Фаридун РАЊНАВАРД:

Хандањо. Рисолати микрофон

3

«Розњои пинњонї»

Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru

Њисоботи "сардори синф" - Зуњуров

5

Бидуни формат

7

Дар ин шумора:

УСТОД АТОМУЊАММАДИ НУР: Тољикистон дер накардааст

мубориза Пирамарди 123-сола баъди 115 сол њам пазмони Кўлоб аст

3

љањон

Њизбњои кўчагї, хонагї ва ќасрї…

Хатари Ислом бо дасти мусалмон

10 пурбин

Рамз ё тасодуф?

7

16


2

№15 (291), 04-уми июли соли 2012

То замоне, ки музокироти идомаи њузури ин пойгоњ баъди соли 2014 дар ќаламрави Тољикистон бо ин шакл идома меёбад, масъалаи сармоягузорї ба он низ номаълум боќї хоњад монд.

ЊАМРАЙЪЇ

5 ГАПИ ЊАФТА АЗ

Паёми Эмомалї Рањмон ба Александр Лукашенко Эмомалї Рањмон Президенти Тољикистон ба Александр Лукашенко Президенти Беларус барќияи шодбошї ирсол намуд.

Дар ин бара ба "Нигоњ" аз Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар доданд. Ти-

бќи хабари расида дар барќияи шодбошии Э. Рањмон ба А. Лукашенко омадааст, ки бо камо-

ли мамнуният табрикоти худро ба муносибати солгарди иди миллии Љумњурии Белорус ба Шумо таќдим медорам. -Киш варњои моро р обитањои ќавии дўстона ва њамкорињои с амарабахш, и нчунин кўшишњои дуљониба бањри пойдории муносибатњои тарафайн мепайванданд. Изњори боварї мекунам, ки мо бо саъю талошњои муштарак ба њамкорињои Тољикистону Белорус ривољу равнаќ бахшида, онњоро љавобгўи манфиатњои бунёдии њар ду халќу давлат мегардонем. Мо азми ќатъї дорем, ки барои роњандозї намудани њадафњоямо н тамо ми кўш ишњоро ба харљ дињем,-омадааст дар барќияи шодбошї. Дар идомаи номаи табрикотї Эмомалї Рањмон ин рўзи фархундаро ба Александр Григоревич ва ба халќи дўсту бародари Белорус сулњу бењбудї ва шукуфоиро таманно кард. Сарвинози РУЊУЛЛОЊ

ТАРТИБОТ

Авбошии марди 62-сола бо "Макаров" - Аз љониби кормандони маќомоти корњои дохили ноњияи Сино-2, бо гумони авбошї марди 62 сола дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Вазорати корњои дохилї иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Мањмудсултон Мавлоназаров - сокини кўчаи Њисор, аз љониби кормандони маќомоти ќудратї дастгир карда шуд. Номбурда соати 17:00 даќиќа дар кўчаи Њисор назди бинои №33/2 бо амали авбошї шањрванд Алишер Раљабов- сокини шањри Вањдатро дашномњои ќабењ дода, лату кўб кардааст. Сипас бо таппончаи "МакаровРН-1584М", ки бе ягон њуљљати лозима бо худ дошт, 3-

маротиба љониби ў, ки дар дохили мошин буд, тир холї кардааст. Дар натиља 2-тираш ба ќисмати рости автомашинаи "Хундай-Старекс", раќами давлатиаш 36-23 01 АР расидааст, вале номбурда зарар надидааст. Аз рўи ин њодисаи авбошї парвандаи љиної оѓоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Нилуфари КАРИМ

ФИШОР

Русия таъмини молии пойгоњи 201-ро ќатъ кард Русия гуфт, ки то рушан шудани сарнавишти пойгоњи худ дар Тољикистон аз маблаѓгузорї ба он худдорї мекунад. Тибќи иттиллои расонањои русї, генерали артиш Николай Макаров, сардори Сарситоди нерўњои мусаллањи Русия гуфтааст, то замоне, ки музокироти идомаи њузури ин пойгоњ баъди соли 2014 дар ќаламрави Тољикистон бо ин шакл идома меёбад, масъалаи сармоягузорї ба он низ номаълум боќї хоњад монд. "Раванди музокирот дар бораи ин пойгоњ бо мушкилї пеш меравад. Вале мо мутмаинем, ки дар

охири кор аќли солим боло хоњад гирифт". Ин генерали рус ёдовар шудааст, ки байни ду кишвари Русия ва Тољикистон мувофиќа њосил шуда буд, ки сарнавишти баъдии пойгоњи 201-и Русия дар Тољикистон дар семоњаи аввали соли љорї рўшан мешавад. "Мутаассифона ин кор сурат нагирифт. Тољикистон сари мавќеи худ пофишорї дорад ва аз ин љињат мо маљбурем, ки барои ин пойгоњ,

то замоне, ки вазъият муайян нашавад, маблаѓгузориро ќатъ намоем." Давлати Тољикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди њузури пойгоњи Русия барои то дањ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо њамакнун сарнавишти ин пойгоњ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоњад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тољикистон на бештар аз дањ сол, норўшан боќї мондааст. Гуфта мешавад пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон, ки дар заминаи фирќаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоњи њарбии Русия дар хориљи ин кишвар ба њисоб меравад. "ОЗОДЇ"

ТАРТИБОТ

Сукути суд ба дархости ЊНИТ ЊНИТ аз мавќеи суди ноњияи Фирдавсї, ки баъди ду моњи мурољиаташ дар бораи ќонунї будани тафтишоти ин њизб аз љониби прокуратураи генералї, њанўз посухе надодааст, нигаронї мекунад. Њикматулоњ Сайфулоњзода, сухангўйи Њизби нањзати исломи Тољикистон ба "Нигоњ" гуфт, ки бо гузашти беш аз ду моњи мурољиат ба дастгоњи иљроияи президент ва суди ноњияи Фирдавсї, дар мавриди то куљо ќонунї будани амали прокуратураи генералї, ки фаъолияти њизб дар марказ ва минтаќањоро санљиш кард, њанўз посухи расмї нагирифтаанд. Ба гуфти манбаъ, њатто дастгоњи иљроияи президент њам, ба номаи њизб посухе ироа накардааст. Ин кашолкорї ба маънии талаби даст кашидани ЊНИТ аз даъворо дорад. Дар њамин њол, Шўњрат Ќудратов, вакили дифои ЊНИТ мегўяд, суди ноњияи Фирдавсї пешнињод кардааст, ки санадњои заруриро, бахусус пардохти бољи давлатї барои ба суд мурољиат кардан аз сари нав супорида шавад. Дар њоле, ки мо ваќти мурољиат тамоми санадњои заруриро пешнињод карда будем. Аммо, суд то ба њол барои баррасї кардани даъвои ЊНИТ иќдом на-

гирифтааст. Зимнан, прокуратураи генералї дар семоњаи аввали соли љорї фаъолияти ЊНИТ-ро мавриди санљиш ќарор дода ин њизбро ба миќдори 20 њазор сомонї љарима баст. Ин санљиши прокурорї њамчунин дар ЊХДТ ва ЊКТ гузаронда шуд, ки ба иттилои ЊХДТ, прокуратура дар фаъолияти њизби њоким ягон камбудї кашф накардааст. Аммо коммунистон барои надоштани њисоботи бонкї ва мављуд набудани дафтарњои бахши ноњиявї ва шањрии њизб дар суроѓаи нишондодашуда, ба маблаѓи 2 њазор сомонї љарима карда шуданд. Баъдан Њизби умумимилии сотсиал демократии Тољикистон, санљиши маќомотро ѓайриќонунї дониста, эълон кард, ки ба прокуратураи генералї иљозаи санљишро дар њизб нахоњад дод. Рањматилло Зиёиров, иброз дошт, ки ин амали прокуратураи генералї бархилофи ќонун дар бораи њизбњои сиёсї аст. Њарамгули ЌОДИР

Исфандиёри Халил, рўзноманигор Беназокатии сиёсї" ё тарњи Кремл барои кишварњои Осиёи Марказї? Генерал-полковники рус Владимир Чиркин, ки дар нишасти Кумитаи Шўрои Федерасияи Русия оид ба мудофеа ва амнияти шароити Созишномаи тамдиди пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон сўњбат мекард, аз эњтимоли пайдо шудани ташаннуљ дар Осиёи Марказї баъди берун рафтани нерўњои байналмилалї аз Афѓонистон ва ба низои мусаллањона кашида шудани се кишвари минтаќа - Ўзбакистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон пешгўї кард. Дар баёнияе, ки рўзи 30-юми июн Вазорати дифои Тољикистон дар ин робита мунташир кардааст, сўњбатњои ин генерали рус "беназокатии сиёсї" арзёбї шуда, њамзамон таъкид гаштааст, ки чунин изњори назарњо баъид аст, ки љињати таќвият ва тањкими њамкорињои созанда ва муносибатњои њасана байни кишварњои минтаќа мусоидат намояд. Суоли матрањ ин аст, ки ин изњороти танњо як генерали рус аст ё њушдори Кремл ба Тољикистон? Шояд дар зери коса нимкосае њаст.

Шуморањои "тиллої" далели њароси пулдорон аз фошшавї Шуморањои "тилої" ё ба истилоњ воњима беш аз 300 000 доллар фоида овардаанд. Дар музоядае, ки дар бинои БДА-и Тољикистон баргузор шуд, раќами давлатии 20-00 бо арзиши 13 њазор сомонї фурўхта шуд. Маќомот соњиби ин раќамро бо хоњиши муштарї ошкор накарданд. Дар таърихи музоядањои БДА танњо раќами 01-01 ба ќимати 55 њазор сомонї, њудуди 11 њазор доллари амрикої ба фурўш рафтааст. Дар сўњбате харидорони раќами "тиллої" гуфтанд, ки расонаї шудани раќами худ ва номи худро намехоњанд, зеро эњтимол дорад ба мушкиле гирифтор шаванд ва њеч набошад онњоро "чашм гирад". Чашм гирифтан шояд бањона аст, вале далели равшан ин аст, ки пулдорон дар Тољикистон аз фош кардани номи худ ё маълум намудани маблаѓашон њарос доранд. Дар бораи мављуд набудани синфи миёна дар Тољикистон ё худ кам будани шумораи ин нафарон зиёд гуфта мешавад, аммо чї гуна метавонад дар мо синфи миёна пайдо шавад, ваќте наметавонад озод фаъолият кунад ё номи худро ошкор созад? Њамин аст, ки мо бисёр ваќт номи бизнесменњои сарватманди худро аз Дубаю Русияву Ќазоќистону Ќирѓизистон мешунавем.

SMS-паёми охирин ба Холмўъмин Сафаровро кї фиристод? Вазорати корњои дохилии Тољикистон овозањоро дар бораи ворид шудани SМS-паёми тањдидомез ба телефони мобилии Холмўъмин Сафаров, пеш аз ќатлаш, рад карданд. Баъд аз кушта шудани Холмўъмин Сафаров миёни мардум њар гуна овозањо дар бораи ќатли ў, аз љумла ворид шудани SMS-паём бо матни тањдидомез ба телефони мобилии марњум пањн гардид. Аз рўи ин овоза занги охирин ба телефони мобилии Холмўъмин Сафаров аз шумораи телефони Муродалї Алимардонов, муовини сарвазир ворид шудааст. Маќомоти корњои дохилии кишвар ин овозањоро беасос унвон карданд. Вале дар бораи ќотили ў њам њанўз њеч маълумот нест ва зери суол аст, ки љузъиёти ин кушторро то охир метавонанд боз кунанд ё не. Аммо агар боз шавад њам оё дар ин бора мардум огоњї хоњанд ёфт ё хайр, номаълум аст.

Ўзбакистон чї маќсад дошт? Тошканд дар њоле, аз узвияти Созмони паймони амнияти дастаљамъи (СПАД()-ро тарк ��ард, ки ахиран генерали рус Владимир Чиркин дар бораи низои мусаллањона миёни Ўзбакистону Тољикистон ва Ќирѓизистон њушдор дод. Низомномаи СПАД њама гуна низои эњтимолии мусаллањонаро байни кишварњои узви ин созмон иљоза намедињад. Аммо баръакси нигаронињо дар мавриди низои Тољикистону Ўзбакистон, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Парлумони Тољикистон ва собиќ дабири Шўрои амният Амирќул Азимов мегўяд, хуруљи Ўзбакистон аз СПАД умдатан њадафи молї дорад ва ба эњтимоли зиёд бо таѓйири вазъи минтаќа ин кишвар дубора ба иттињод хоњад баргашт. Ба гуфтаи А.Азимов Ўзбакистон дар арафаи хуруљи нерўњои НАТО аз Афѓонистон амдан аз Русия фосила гирифт ва ба ин васила мехоњад нишон дињад, ки омодааст бо кишварњои аврупої ва Амрико робитаи бештар дошта бошад.

Фирор аз зиндон "анъана" шуд Додгоњи шањри Ќўрѓонтеппа Миралї Тошматов, сардори тавќифгоњи муваќќатии шўъбаи корњои дохилии ноњияи Шањритўсро барои мусоидат ба фирори мањбусон ва сўистифода аз маќоми давлатї 36 њазор сомонї љарима баст. Мусулмон Холматов, корманди њамин боздоштгоњ барои њамдастї дар љинояти мазкур 7820 сомонї љарима шуд. Ба гуфти адвокат Исмоил Иброњимов мањкумшуда Рўзибой Шерхонов дар автомашинаи шахсии навбатдори тавќифгоњи нигањдории муваќќати ШКД-и ноњияи Шањритўс Мусулмон Холматов аз ин ноњия ба самти муассисаи ЯТ9/6-и Вазорати адлия њаракат мекард. Њангоми ба назди муассисаи зикршуда расидан, мањкумшуда Шерхонов Рўзибой ва Чориев Рўзибой аз автомашина баромада гурехтаанд. Пурсарусадотарин њодисаи фирори мањбусон аз мањкамањои Тољикистон дар моњи августи соли 2010 ба вуќуъ пайваст, ки он замон аз боздоштгоњи Кумитаи амнияти миллии Тољикистон, воќеъ дар шањри Душанбе 25 нафар фирор карданд. Маќомот охирин мањбуси фирориро дар охири соли 2011-ум боздошт ва њабс карда буданд. Акнун гўё фирор аз зиндон ба шакли анъана даромадааст. Аммо ин гуна фирорњо бидуни њамдастии маќомоти њифзи њуќуќ ѓайривоќеї ба назар мерасад. Вале бастани љарима ба њамдастони фирорињо ба онњо дарси ибрат хоњад шуд, ки дигарбора ба гурехтани мањбусон мусоидат накунанд, љои суол аст.


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

3

Бобои Муњиддин дар сини 123-солагї њанўз њам муљаррад буда, боре оиладор нашудааст. Њамсўњбатони мўсафед мегўянд, вай бисёр мехоњад ба ватани аљдодии худ баргардад.

ОРЗУ

ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ

Пирамарди 123-сола баъди 115 сол њам пазмони Кўлоб аст Хеши 123-солаи Амир Олимхон, бо номи Муњиддин, ки худро зодаи Дањанаи Кўлоб мегўяд, њоло муќими Мадинаи Мунавараи Арабистони Саудї аст ва мехоњад ба кишвараш баргардад. Дар ин бора ба "Нигоњ" аз тољикони муќими Русия ва Саудї иттилоъ расид. Онњое, ки њамсўњбати ин марди кўњансоли тољик шудаанд мегўянд, -Бобои Муњиддин бо забони тољикї њарчанд хуб сўњбат карда наметавонд, аммо фаромўш накардааст. Ба гуфти шоњидон, номи аслии пирамарди пиртарини тољик Муњиддин буда, дар шиносномае, ки онро дар синни 26-солагї дар Покистон гирифтааст, Њафизуллоњ навиштаанд. Баъди чанд соли дигар, дар сафорати Афѓонистон дар Покистон Муњиддин шиносномаи нав мегирад, ки тибќи он, номи падараш Рањматулоњ ва номи модараш Малика будааст. Бинобар гуфтаи пирамард, онњое ки бо ў солњои бистум замони босмачигарї муњољир шуда, ба марзи Афѓонистону Покистон рафтаанд, парешон шудаву иддаи дигар вафот кардаанд. Њамчунин аз рўйи наќли шоњидон, бобои Муњиддин худро яке аз наздикони Амир Олимхон номида, фарзанди яке аз хонаводањои сарватманд будааст ва дар овони наврасї дар пайи омадани болшевикон ба Тољикистон, ба Афѓонистон фирор кардааст. Онњое ки бо вай њамсўњбат шудаанд, мегўянд, ки муйсафед танњо номи босмачињо ва Николайро медонад, ки гўё ба

Бо Путин метавон ба разведка рафт? НИГОЊЕ БА СУДИ ЭЊТИМОЛИИ ТОЉИКИСТОН АЗ ХУРУЉИ ЎЗБАКИСТОН АЗ СПАД

Ватанаш лашкар кашидааст ва онњо маљбур шудаанд, ки фирор кунанд. Босмачињои он замонро њам мешинохтааст. Айни њол бо ягон нафар аз пайвандони амири фирории Бухоро равуо надоштааст. Бобои Муњиддин дар сини 123-солагї њанўз њам муљаррад буда, боре оиладор нашудааст. Њамсўњбатони мўсафед мегўянд, вай бисёр мехоњад ба ватани аљдодии худ баргардад. Ба саволи оё ин имконпазир

аст, Давлат Назрї, сардори департаменти Вазорати корњои хориљї гуфт, ин њаммилати мо метавонад раводид ба ватанро тавассути Сафорати Тољикистон дар Риёзи Саудї дастрас кунад ва њамчун шањрванди хориљї ба Тољикистон ояд. Аммо ба таври доимї баргаштани ин шањрванди Тољикистон ваќт мехоњад. Њарамгули ЌОДИР

ВОКУНИШ

Тўраљонзода: "Манъи азон идомаи сиёсати зидидинии њукумат аст" Рўњонии маъруфи кишвар ташабуси шањрдорї дар мавриди манъи истифодаи бемавриди баландгўяк дар масљидњоро "идомаи сиёсати зидидинии њукумат" хонд. Ба гуфти Њољї Акбар Тўраљонзода, - манъи хондани азон тавассути баландгўяк бори аввал нест, аммо чун ташаббуси шањрдорї, њамчун маќомоти расмии давлатї аст, хабари нав унон мешавад. Ин барои як љомеае, ки 90 дарсадаш мусалмонанд, нороњаткунанда аст. Ислом, намоз, рўза, азон инњо рамзњои ислом ва арзишњои мусалмонон њастанд. Иќдомњои мањдуд кардани таълими фарњанги исломї ва азон њам идомаи сиёсати зидди дини мубини ислом аст. Аммо набояд фаромўш кард, ки ба њуќукњои фардии мусалмонон нохун задан, пайомади хуб надорад. Мардумро ин њолат нигарон мекунад.

ИЛЊОМИ ЊАФТА ОФТОБ, ЭЙ БАРОДАРИ АБАДЇ Офтоб, эй либоси нодорон, Бетамаъ сарпарасти њар даврон, Бе ягон шартнома барќ дињї, Бар замини зи тираги њайрон. Хастаам аз фиреби додугирифт, Музтарам аз њисобу аз љуброн. Юсуфам бо чунин бародарњо, Эй бародартарин бародарљон. Ин чї даврест, даври аљзу ниёз, Аз ки имкон биљўяму имон? Аз замин файз рахти худ барчид, Шояд аз баъди љанги њамзодон. Мисли он ки зи куштани Сўњроб Рустами гурдро шикаст миён. Офтоб, эй бародари абадї, Кони лутфу саховату эњсон. Дар замоне, ки асри шайтонист, Як туї рањнавард бо Рањмон! Раънои МУБОРИЗ

аз Ќосими БЕКМУЊАММАД

Њољї Акбар Тўраљонзода мегўяд, доираи афроде дар байни роњбарияти њукумат њаст аз пасмондањои сиёсати аттеистї, муаллифони ин иќдомњо мебошанд. Зеро барои онњо масљид, намоз, азон, рўза фољиа аст. Њатто аз рў овардани љавонон ба масљид ва рамзњои исломї изњори нигаронї мекунанд. Гўё љамъ шудани љавонон дар масљид ба њукумати кунунї хатар дорад. Як олими мўътабар лозим, ки њукуматро аз ин чолишњои пешорў дар пайи мањдуд кардани рамзњои исломї роњнамої кунад. Бигўяд, ки дар кишваре, ки 90 дарсадаш мусалмон аст, аз арзишњои исломї набояд хатар тарошид.

Дар пешорўи моњи шарифи Рамазон, ки маъмулан мардуми рамазонї бо шунидани азони шом, ифтор мекунанд ва аввали субњонаро њам бо шунидани азони бомдод тановул мепкунанд, ин ташабусњо боиси хиљолат аст мегўяд рўњонї. Мењрафзуни АБДУЛЛО

МУБОРИЗА

Афзоиши рекордии сафи ЊХДТ Дар 5 моњи аввали соли љорї, њудуди 40 њазор шањрванд аъзои Њизби халќии демкоратии Тољикистон гаштаанд. Масъулони Њизби халќии демократии Тољикистон, мегўянд, дар шашмоњаи солї љорї аъзои ин њизб ба маротиб афзуда, теъдоди умумии онњо аз 160 њазор нафар боло рафтааст. Усмони Солењ ба "Нигоњ" иттилоъ дод, ки дар моњњои аввали соли љорї, раванди аъзошавї ба њизби њоким зиёд шуда, таќрибан ин омор ба 40 њазор мерасад. Яъне дар зарфи моњњои аввали соли љорї њудуди 40 њазор шањрванд аъзои њизб шудааст. Гуфта мешавад, ин афзоиши рекордї ва бесобиќа дар њаёти њизб аст, ки баъди интихоботи парлумони и соли 2010 шурўъ шудааст. Њизби халќї демократї њамчунин дар парлумон бо сафи ба маротиб бештари аъзо аз њизбњои коммунист ва нањзати ислом бартариятро соњиб аст. Аксарияти вакилони парлумони Тољикистон аз њизби халќї демократї буда, дар умум њудуди 165 њазор нафар мерасад. Њизб дар сатњи љумњурї беш аз се њазору панљсад ташкилоти ибтидої дорад, -мегўяд манбаъ. «НИГОЊ»

Ўзбакистон бо мутаваќќиф кардани узвияти худ дар Созмони паймони амнияти дастљамъї (СПАД) бархе аз сиёсатмадорону коршиносони русро он ќадар асабонї сохтааст, ки ин иќдомро ба таври эњсосотї ва гоње зидду наќиз арзёбї менамоянд. Гўё фаќат пеш омадани ин иттифоќ буд, ки чашми онњоро ба воќеиятњои Ўзбакистон ва махсусан ќобили пешбинї набудани рафтори раиси љумњури он боз кард, вагарна њамин тавр бо содалавњї ба шиори њампаймонї ва мушорикати стратегї бо Тошканд бовар мекарданд. Албатта, асли масъала фаротар аз ин њарфњост. Русия тайи беш аз як дањаи ахир ва махсусан аз замони ба ќудрат расидани Путин њамеша ба дунболи барќарории равобити наздик бо Узбакистон буду њаст. Дар 12 соли пеш Путин ба њамин манзур нахустин сафари расмии хориљии худро ба Тошканд анљом дод ва бо бозгашти дуборааш ба Кремл дар 4 июни соли љорї боз њам Ўзбакистонро ба унвони яке аз аввалин кишварњои хориљии мавриди боздидаш интихоб намуд. Вай тайи њузур дар Тошканд гуфт, ки равобити миёни ду кишвар хос будаву Русия Ўзбакистонро аз шарикони калидї ва авлавиятдори худ дар Осиёи Марказї медонад. Барои њама маълум аст, ки Ислом Каримов низ аз њамтои русаш аќиб намонда, илова бар арзёбии наќшу ањамияти Русия дар минтаќа ва љањон, шахсияти раиси љумњури онро низ борњо ба ин сурат тавсиф кардааст: "Бо Путин метавон ба таљассус (разведка) рафт". Дар дидоре, ки Каримов бо Путин дар якуним моњи пеш дар њошияи нишасти ѓайрирасмии сарони Љомеаи кишварњои муштаракулманофеъ дар Маскав дошт, ин љумларо б��ри дигар такрор намуд, ки аз шунидани он хеле аз русњо тасаввури ба нафъашон таѓйир хурдани мувозинаи геополитикї дар Осиёи Марказиро карданд. Аммо њеч касе ба шумули русњо наметавонад ба таври даќиќ пешбинї кунад, ки ин бор Каримов рўйи тахтаи шатранљи сиёсї чї гаште хоњад дошт. Ўзбакистон дар 20 соли мављудияти СПАД ду бор онро тарк кард, дар њоле, ки дар 63 соли фаъолияти НАТО њатто як кишвар њам аз ин созмон хориљ нашуд. Чаро? Зеро њадди аќал аъзои НАТО эњсос мекунанд, ки он як созмони дастљамъист ва то љойи имкон манофеи тамоми кишварњои узвро дар назар мегирад. Аммо дар тўли ду дањаи гузашта натанњо Ўзбакистон, балки Гурљистону Озарбойљон низ ба узвияти худ дар СПАД хотима бахшиданд. Ба он хотир хотима бахшиданд, ки будану набудани ин созмонро барояшон беањамият ва ё њадди аќал камањамият донистанд. Далели он равшан аст. СПАД дар асл абзори пиёда кардани манофеи геополитикї ва мушаххасан низомиву амниятии Русия дар фазои шўравии собиќ ва махсусан Осиёи Марказї мебошад. Ўзбакистон тайи шаш соли њузури дубораи худ дар ин созмон бо тарњњои асосии Маскав мухолифат кардааст, ки ба унвони мисол кофист ба мамониати он бо ташкили неруњои дастљамъии вокуниши сареъ тањти фармондењии Русия ва эљоди тамрингоњи низомии Маскав дар љануби Ќирѓизистон ишора шавад. Аммо Маскав ба њар далеле ки буд, њама коршиканињои Тошкандро тањаммул кард ва њаргиз забон ба тањдид боз нанамуд, дар њоле ки раиси љумњури он Дмитрий Медведев дар баробари як халабони ќонуншикани кишвараш бидуни њар гуна андешаи мушорикати стратегї аз зарурати истифодаи иќдомоти мутаќорину номутаќорин (симметриву ассиметрї) алайњи Тољикистон сухан ба миён оварда буд. Љой дорад посухи ин пурсишро љуё шавем, ки чаро Маскав дар баробари Тошканди ёѓї аз ин њама сабру тањаммул кор мегирад, вале дар мавриди мо зўри бозуяшро нишон медињад? Фикр намекунам, ки ин њама фаќат ба хотири мавќеияти хоси геополитикии Ўзбакистон аст. Бо таваљљуњ ба тафовути манофеи геополитикии Русия бо Амрикову Ѓарб дар Ховари миёнаву наздик ва махсусан Сурия, хуруљи Ўзбакистон аз СПАД-ро метавон далели дигаре ба нокомии Маскав дар минтаќа арзёбї кард.Ин аст, ки бархе коршиносони рус ба хотири љуброни нокомии кишвари худ њатто аз эњтимоли вуќўи "бањори арабї" дар Ўзбакистон, маснуї будани ин сарзамин ва эњтимоли таљзияи он сухан мегўянду мушаххасан ба ишѓоли бахши бузурге аз ќаламрави тољикон ишора мекунанд. Бояд донем, ки инњо њамонњоеянд, ки то дирўз њомии Тошканд буданду бо тарњњои муњимми иќтисодии мо ба шумули Роѓун мухолифат менамуданд... Бале, дар сиёсати хориљї танњо манофеъ вуљуд дорад. Мо низ бояд аз шароите, ки дар муносиботи миёни Русияву Ўзбакистон ба вуљуд омадааст, истифода барем. Њамон гуна ки ишора шуд, русњо хуруљи Узбакистон аз СПАД-ро ба маънои оѓози њамкорињои фаъоли низомї бо Амрикову НАТО медонанд. Амалан танњо њузури пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон аст, ки дар баробари пойгоњи амрикоии "Манас" дар Ќирѓизистон ва дигар воњидњои низомии кишварњои узви НАТО дар Осиёи Марказї тавозун эљод кардааст. Ба иборати дигар бидуни пойгоњи худ дар Тољикистон, пойи Русия аз минтаќа кутоњ мегардад. Расонда тавонистани ин паём ба Маскав манофеи Тољикистонро дар робита ба замон ва маблаѓи иљораи пойгоњи Русия бењтар фароњам хоњад кард. Дар асл барои Путин љуз бо мо рафтан ба разведка чораи дигар намондааст, агар инро худи мо бидонем…


4

№15 (291), 04-уми июли соли 2012

Агар дар яке аз хонањои ин ду самти роњи мазкур нишаста бошї, гумон мебарї, чизе ба сўят омада истодааст, ё њоло туро пахш мекунад, ё замин мељунбад. Агар аз тарафи собиќ "колхози Россия" ва пули самти мањаллаи 46 ба ноњияи Рўдакї ворид шавем, пас аз тай кардани роњи чанд дењот ба љамоати Мирзо Турсунзода мерасем, ки мардуми мањаллї ин љоро гардиши "Ленинград" меноманд. Каме болотар идораи љамоати Мирзо Турсунзода љойгир аст. Аз канори он роњи Душанбе - Ёвон низ мегузарад ва ба ноњияњои Хуросону Абдурањмони Љомї њам рафта мешавад. Аз тарафи чап (аз гардиши Ленинград) ба љамоати Зайнабобод расидан имкон дорад, ки ин роњ ба Вањдат низ мебарад. Аз ин роњ ба ду самти муќобил як ќатори мошин метавонад гузар кунад. Алњол ин роњ њамеша сермошин аст. Аксар ваќт аз як тараф ба тарафи дигари роњ гузаштан бисёр интизор мешавї, то кай ќатори мошинњо мегузарад. Аз сабаби зиёд будани мошинњо садама ва бархўрдани онњо ба ањолии ду тарафи роњ солњои охир зиёд рух медињад. Ба ин хотир, њукумати ноњияи Рўдакї тасмим гирифтааст, ки аз њисоби њавлињои ду тараф роњро васеъ кунад, то аз садамањо љилавгирї шавад. Мардум њам ба ин тасмим зид нестанд. Танњо мехоњанд донанд, ки васеъкунии роњ кай шурўъ мешавад, то хона, иншоотњои ёрирасон ва деворњои њавлињои худро бардошта дуруст кунанд. Алњол сокинон огоњ карда шудаанд, ки дар семетрии њавлињояшон чизе насозанд, њатто дарахт нашинонанд. Мо њам чандин бор шоњиди садамањои воситањои наќлиёт дар ин масир шуда будем. Роњ баъд аз замони Шўравї мумфарш нашудааст. Хеле ќисмати роњ мустањкам менамояд, вале ќисматњои алоњидаи он ба истилоњ аз гардиши Ленинград то даромадгоњи шањри Вањдат хеле фарсуда шудаанду ноњамворињо ва чуќуриву "ѓор"-њои калоне доранд. Баъзе аз онњоро обњои љўйбори ду тарафи роњ пур кардаанд ва њукумати ноњия онњоро танњо бо ќуму шаѓал "таъмир" мекунаду халос. Рўзи аз ин роњ гузар карданамон њам кормандони хољагии роњи ноњия ин љуќуриву "ѓор"-њоро бо ќуму шаѓал пур мекарданд. Аз ин роњ шабона ќатори мошинњои боркаши дарози мањаллї ва чинї низ мегузаранд. Агар дар яке аз хонањои ин ду самти роњи мазкур нишаста бошї, гумон мебарї, чизе ба сўят омада истодааст, ё њоло туро пахш мекунад, ё замин мељунбад. Мардум аз њаракати мошинњои боркаш шикоят доранд. Аммо ноилољанд, ки сабрро то васеъ шудани роњ пеша кунанд.

"НАФИСА" КУЉОСТ? Мо роњамонро идома медињем. Баъди 6 километр ба маркази љамоати дењоти Зайнабобод мерасем. Аввалин чизе, ки ба чашм мехўрад, бинои валангори замоне мансуб ба ЉСШК "Нафиса" аст, ки барои истењсоли љўроб, ресидани риштаи љўроб ва мањсулоти тайёру нимтайёри он ихтисос дода шуда буд. Алњол "Нафиса" дар шањри Душанбе фаъол аст, аммо ин корхона дигар мансуби он нест. Аз дидани манзараи риќќатбори ин бино дилгир мешавї. Ба гуфтаи Зебо, як сокини мањаллї, ки замоне дар ин филиали ЉСШК "Нафиса" кор мекардааст, дар ин корхона беш аз дусад нафар

- 180 зан ва 20 мард дар ду баст кор мекардаанд. То соли 1995 ин корхона фаъолият мекардааст ва коргаронаш њам сариваќт музди хуб мегирифтаанд. Гулрухсор, сокини дигари мањаллї меафзояд, ки он ваќт директори ЉСШК "Нафиса" Обидов ном шахсе буд: - Инсони хубе буд. Љанги шањрвандї як тарафу ќатъи энергияи барќ аз як тарафи дигар ва нарасидани ашёи хом (ришта ё худ калоба) мўљиби ќатъи ин филиали "Нафиса" шуд, - илова намуд мавсуф. - Тамоми дастгоњњои корхона истењсоли Германия ва собиќ Чехославакия буданд. Ашёи хоми эластин, ки дар бофтани љўроб бо пахта њамроњ карда мешавад, низ аз Германия оварда мешуд. "Нафиса" тамоми Осиёи Марказиро бо љўроб таъмин мекард. Маош низ шартномавї буд. Агар аз шартнома зиёд наќшаро иљро мекардї, боз маблаѓи изофагї менавиштанд. Ман њам дар "Нафиса"-и Душанбе ва баъди кўчидан ба љамоати дењоти Зайнабобод дар филиали он дар ин љо кор кардам. Корам низ бароям писанд буд. Њайфи он рўзњо ва ин бинои валангор, ки аз он чор дару девори холї мондааст, - мегўяд Сўрайё, сокини

нафањмидем. Аз поёнтари хобгоњу мактаб дарёи Элок љорист. Чун њавлињои сокинон, заминњои кишт ва ин хобгоњу мактаб дар наздикии ин дарё љойгиранд, њангоми мавсими селхезї хисорот мебинанд. Аз ин хотир, аз ду тарафи соњили дарёи Элок дарахтони зиёде шинонда шудааст, ки аз сел пешгирї шавад. Дар њудуди љамоат кинотеатри

харобшудае њам њаст, ки дар чордевори валангори он номи "Спутник" мондаасту халос. Аз беморхонаи ин љамоат низ дидан кардем, ки деворњояш зањ кашида, ба мисли хамири расида дам кардааст. Эњтимол кадом рўзе деворњояш бигардад. Ростї, беморхона тозаву озода аст, вале худи бино ба оддитарин стандарти техникї тамоман љавобгў нест.

ЗАЙНАБОБОД Аз поёни собиќ чойхона идораи љамоати дењоти Зайнабобод љойгир аст. Ба даруни он дохил шуда, Мављуда Љалоловаро вохўрдем, ки якуним сол ба ин сў раиси љамоати Зайнабобод аст. Ман ба ў мушоњидањои худро наќл кардам. Раис гуфт, љамоати дењоти Зайнабобод 33 њазор ањолї дорад ва њама мек-

Шањлои НАЉМИДДИН, рўзноманигор

АСРИ 21: Биноњои обод гарданд хароб…

ДАЃАЛИЊОИ ЗАМОНА БА «НАФИСА»...

Гузориши хабарнигори "Нигоњ" аз ноњияи Рўдакї

ЊАМСАФАРИ ФАРОМЎШШУДА...

данд. Аз як ду иншооти ёрирасони он тањкурсї мондаасту халос. Касе хишту тахта ва оњани онро ѓорат кардааст. Ба гуфтаи сокини мањаллї, то солњои 2000-ум ин варзишгоњ ё стадион обод њам не, аммо нисбатан дар њолати хубтар буд. Дар поёни ин варзишгоњ солњои пеш њаммоме будааст, ки алњол нест. Коргарони чинї, ки дар адири дењаи Гулободи љамоати Зайнабобод ду корхонаи хишти пухта сохтаанд, онро таъмиру азнавсозї карда, хуфтухез мекунанд. Бархе сокинони мањал дар корхонаи хишти чинињо кор мекунанд ва вобаста аз њаљми корашон дар як рўз аз 30 то 50 сомонї музд мегиранд. Рў ба рўи ин њаммом - хобгоњ мактаби №11 љойгир шудааст, ки №18 будааст. Сири тез - тез иваз намудани раќами мактабро мо њам

дигари ин љамоат. Њамсўњбатонам мегўянд, њамон соли 1996 чанд шабона дастгоњњои онро ба мошинњои калони боркаш бор карда, ба самти Душанбе кашонида буданд. Аниќу даќиќ нест, куљо бурданд. Дару тиреза ва ашёњои боќимондаи онро сокинони мањаллї дуздидаанд. Метарсам кадом рўзе боз хишту шифер ва боќимонда тахтањояшро низ надузанд.

НА ТАНЊО КОРХОНА... Рў ба рўи бинои собиќ "Нафиса" як чойхонаи бузурге аз замони Шўравї мерос монда буд, ки дар дохил дорухона, толори варзиш, билярд ва корхонаи хурди дўзандагї дошт. Алњол нест. Зимистон оташ гирифта, сўхта хокистар шудааст. Дар поёни корхонаи мазкур як варзишгоњ низ њаст. Нисфи майдонашро об зер кардаву нишастгоњњои оњаниаш тахта надоранд. Танњо оњан монда. Кўдакон футбол меза-

ЗЕБИ ВАРЗИШГОЊИ ТОЉИК...

ўшанд љамоатро ба яке аз зеботаринњо табдил дињанд: - Соли 2012 тамоми селроњаро, ки ба пуррагї хароб шуда буданд, бо дастгирии њукумати ноњия барќарор намудем. Зиёда аз 1000 хољагии наздињавлигї бо об таъмин шуданд. Наздики 100 гектари заминњои беоб обёрї шуданд. Як насоси обкашии Султонобод, ки тайи 15 сол аз кор монда буд, таъмир шуда, ба пуррагї мавриди истифода ќарор гирифт. Љамоат 507 гектар замини корам дорад. Дар дењаи Оли Сомон 1, 4 гектар боѓи нав ташкил шуд. Бо дастгирии соњибкорон як толори варзиши дуошёна дар дењаи Иќбол, ду фурўшгоњи калон дар дењаи Сероб, як маркази хизматрасонї дар дењаи Њасанобод ва як бунгоњи тиббї дар дењаи Шараф сохта шудаанд, ки дар хизмати мардуманд. - Аммо "Нафиса", варзишгоњу чойхонаи наздики худи љамоат оё дар наќшаи ободињо њастанд? - Ин камбудињо њастанд. Собиќ филиали "Нафиса"-ро як сокини мањаллї харидааст ва ў дар муњољирати мењнатї дар Русия ќарор дорад. Дар дењаи Шараф корхонаи Ремдетал вуљуд дорад. Дар замони Шўравї дар он зиёда аз 1000 нафар кор мекард, ки бо дуредгарї, челонгарї, маснуоти оњану бетонї ва коркарди чўбу тахта машѓул буданд. Њоло ќисман кор мекунад. Агар пурра ба фаъолият оѓоз кунад, хеле аз мардуми љамоат соњиби љои кор мешаванд. Ман нисбат ба њамин корхонањои истењсоливу хизматрасонии аз кор монда ва ќисман фаъолияткунанда як бор дар як семинаре, ки бо иштироки вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон шуда гузашт, мурољиат кардам. Ба соњибкорон низ мурољиат кардам. Алњол посухе нест...

Абўалї НЕКРЎЗОВ


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

5

- Ин фикр хато аст, ки љавонон таљриба надоранд. Онњо корњоеро медонанд, ки аќли режиссёр њам намегирад. Ин филмњо тарѓибгари зино њастанд, ки љавонони моро ба СПИД-у дигар маризињо гирифтор мекунад.

Филмњои тољикии фањшомез бошанд? Куруш Сухроб: - Нафратовар. Ман бовариам намеояд, ки ин порнофилмро њунармандони мо офаридаанд. Филм хусусияти тарѓиботиву тарбиявї дорад. Аз ин филм маълум аст љавонон чї тарбият мегиранд. Филми тарѓиботи зинокорї. Умед Назарзаде: - Мушкилоти љомеаро "через постел" њал мекунад. Ин филмњо барои "Тољдорон" нест. Шокир Файзуллоев: - Њамин гуна филмњои Голливуду Болливудро тамошо мекунем-ку? Дар љомеа дар њаќиќат мушкилот дар шаби аввали туй шуда меистад. ?"Агар љаннат хоњї, бояд бимирї" номи философї аст, одамро ба фикр маљбур мекунад. Завќибек Солињов: - Ин тањќири миллати тољик аст, ки 98% худро мусалмон медонанд. Махсусан тањќири занон аст. Инњо нишон додан мехоњанд, ки дар Тољикистон ёфтани фоњиша кори мушкил нест. Тамошо кардани онњо барои тољики мусалмон бояд шармандагї бошад. Чаро намегўед, ки нишон додани зани точик дар роли фоњиша дуруст нест? Мо њам медонем, ки дар Точикистон чї гап аст, махсусан дар Душанбе. Вале њамин намерасид, ки боз ин фоњишањои худро филм карда, бо ду забон ба бегонагон нишон дињем?! Ман наметавонам зани тољикро дар роли фоњиша бубинам. Чанд сол пеш ваќте Русия дар филми "Дугоникхо", ки дар Ўзбекистон ба навор гирифта шуд, порчаи навореро пахш кард, ки як зани ўзбакро фоњиша нишон додан мехост. Њукумати Ўзбакистон нота равон кард ба њукумати Русия, ки зани ўзбек њељ гоњ фоњиша набуд ва нест. Магар дар Ўзбакистон фоњиша нест? Вале Русия аз нишон додани он порчањои филм худдорї кард. Мо чї? Нурали Раджаб: - Чї тавре пеш мегуфтанд, ин "журнал"-аш аст. Њоло "кино" аз пеш. Аз ин бадтарашро интизор шавед. Лозим нест. Бе њамин њам дискњои фањшу фоњиша дар кўчаву бозорњо бисёр. Мана як филмњои хуби туркиро манъ намуданду лекин зўрашон

ба ин фањшфилмњо намерасад. "Њомиён"-ро барои он манъ намуданд, ки мабодо мардуми мо бо аќидањои он филм унс нагирад. Rahim Bobokhonov: - Дар ин филм масъулаи муњими гендерии љамъияти тољикон баррасї шудааст. Љавонон дар Тољикистон то никоњ таљриба надоранд, аз ин хотир, мо дар муомилањои бехатар мушкил дорем. Ин филмњо барои фарњанги љинсии љомиа зарур њастанд. Куруш Сухроб: - Ин фикр хато аст, ки љавонон таљриба надоранд. Онњо корњоеро медонанд, ки аќли режиссёр њам намегирад. Ин филмњо тарѓибгари зино њастанд, ки љавонони моро ба СПИД-у дигар маризињо гирифтор мекунад. Ин филмњо барои фарњанги мо ќобили ќабул нестанд. Айб аст, ки њамчунин филмњоро њамватанони мо мегиранд. Истад Раджабов: - Аз тамоми кормандон ва намояндањои ВАО хоњиш мекунам, ки бетараф набошанд. Бо њунарпешањои ин филм мусоњиба кунанду пурсанд, ки ин чї гап аст? Оё шумо ваќте ин филмро ба навор гирифтед, боре њам менталитети тољикиро ба ёд овардед? Боре њам фикр накардед, ки ин филм метавонад оянда ба дасти фарзандони худатон афтад? Он ваќт онњо ба шумо бо нафрат хоњанд нигарист. Мисли 7 000 000 ањолии дигар. Фарид Ориён Балхи: - Ин филми як тољик аст, ки дар хориља кор мекунад. Филми Тољикистон нест. Љамшед Усмон як филми фаронсавї њам гирифта буд. Кайњо гапи мардум, ки урус шуда бурафтагї. Филмро тамошо кунед, аз фоњишањо касе тољик нест. Дар хориља ин филмро мегардонанд. Дар Тољикистон агар ин корро кунанд, шарманда мешаванд. Филмњои мо набояд ин хел бошанд, вале ин филм њаќ дорад барои будан. Дар њамон хориљашон нишон дода гарданд. Ин "љомиаи демократї" њамон хел, ки дар аввал буд, пеш мерафт, дар њамин љо њам ин гуна филмњоро мегирифтанд.

Rahim Bobokhonov: - Имрўзњо бањси ислом ва зан, ислом ва секс, ислом ва СПИД, ислом ва њуќуќи занони мусалмон ва ѓайраву њоказо дар љомиаи ѓарбї ва њам мусулмонї њаст. Дар кишварњои мусалмонї намояндагони дин тарѓиби муомилаи љинсии бехатарро мекунанд. Дар бисёр кишварњои исломї рўйрост маводи пешигиркунанда ва њабњои ёридињандаро мефурўшанд. Ман шахсан дар заводи истењсоли презерватив дар Эрон будам, ки танњо занон кор мекунанд. Фарњанги љинсии занони Эрон хеле баланд аст! Агар фарњанги љинсии худро баланд барем, чї бадї дорад? Gulmira Nazarova: - Њама мегўянд, ин тољикона нест, агар коргардон рус бошад чї? Моњияти масъала ин нест. Дар Русия кам муњољире њаст, ки бо русзанак хобу хез накардааст. Дар Тољикистон њам ин маворид кам нестанд. Аммо аз дасти ин фоњишањо дар кишвар СПИД зиёд мешавад. Филмњои фањш барои менталитети мо нестанд. Шокир Файзуллоев: - Ягон бор дўст ё хеши шумо баъд аз тўй бо масъалаи "эрексия" дучор шуд? Тарбияи ахлоќї бо тарбияи шањвонї (интимная воспитание) - ро омехта накунед. Завќибек Солињов: - Мо бародаронеро, ки ба ин гуна њолат гирифтор мешаванд, аз роњи њалол роњ нишон медињем. Ва ин њолатро дар забони мардуми минтакањои мо мегўянд, "шањ (домод) банд ѓалтидааст". Мо њељ гоњ дўстонро даъват намекунем ё роњ нишон намедињем, ки чун бо зани њалолият нашуд, рафта бо кадом як фоњиша хоб кун! Асадуллох Аминов: - Ба бархе дўстон макон ва муњити зиндагониашон чунон таъсир кардааст, ки њатто фикррониашон мутобиќ шудааст. Ин љо аз дўстон хоњиш мешуд, ки дар изњори назари худ дин, урф, одоб ва ахлоќи тољиконро ба инобат гиранд, на дидгоњи мардумони кадом давлати Аврупо ё Русияро.

«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС Хандањо. Рисолати микрофон. "Вая падараш њай - мї?" - садои манќаи љавон ва аз пайи ў "хори" хандаи рафиќонаш, ки њамагї масљидро тарк мекарданд, баланд мешавад. Фикр намекунам, ки онњо аз ќарори шањрдории Душанбе хабар доранд. Агар медоштанд, ин тавр, бадтар механдиданд. Шањрдорї навакак хабар пахш кард, ки имом - хатибони Душанбе набояд микрофонро њамон тавре, ки мехоњанд, истифода кунанд. Дарњол фикрам рафт, ки њамин тасмими шањрдорї, масалан, барои он бачањои шўх фањмо бошад ё не? Ин микрофон њамоне аст, ки бо он сўњбат мекунанд? Ё? Ё! Фањмо гуфтан ба ин маъно нест, ки дар маѓз - маѓзи ин тасмимњо фурў раванд. Њатто њамин љавонони шўх кайњо дарк кардаанд, ки агар шањрдорї ё Кумитаи дин хандидан, табассум, халољо, њарф назадан ва умуман азону такбир гуфтанро манъ кунанд њам, аљаб нест. Пас чаро онњо бояд фањманд, ки њамин гуна ќарор њаст ва муњим аст, бояд донанд. Баъзан ба назар мерасад, нињодњои њукуматї садоќати худ ба сиёсатњои президентро дар иљрои њамчунин амрњои марбут ба дину ЊНИТ медонанд. Аз дењот шунида мешавад, ки узви ЊНИТ бошї, њаљ намеравї, милиса ба додат намерасад, фарзандатро ба мактаб намегузоранд. Протоколе, ки аз он њама рў мегардонад, аммо иљрояш њатмї идома дорад. Аз ин дурўѓ мижаи касе њам тањ намехўрад. Ин њама ба як хулоса меорад: нињодњои њукуматї ба дину диндорон "ошиќ" шудаанд. Пас њар тасмими бемантиќе њам онњо мегиранд, бањс намешавад, магар миёни чор рўзноманигор, ки мељаканд ба монанди саг ва корвон меравад. Аммо аз мавзўъ дур наравем. Њар ќадар, ки тасмим бештар мегиранд, њамон ќадар њатто масхарабозро механдонанд. Бубинед, ки шањрдорї ќарорро чї тавр шањр медињад: тасмими раиси шањр "љињати таѓйирот (!)дар истифодаи баландгўяк" дар масољид эълон шудааст. Ин як. Дигарї "масъалаи адои маросимњои диниву мазњабї ва "халалдор накардани оромиву сукунати барандагони адёни дигар". Онњое, ки ибтидои солњои 90 зистаанд, шояд дар хотир доранд: он замон динситезњо бо воситаи як сокини рустабор ба милиса шикоят бурданд, ки азони масљид њар субњ ўро аз хоб бедор мекунад. Аљаб њидоятшудае будааст, ки аз бонги азон бедор мешудааст, аммо аз сўи дигарон ба кори акс ва номатлуб њидоят шуд. Бар асоси он ќарор бароварданд, айни ќарори имрўз. Он замон аз нисф зиёди Душанберо "барандагони адёни дигар" ташкил медоданд. Њоло? Маълум, ки ин "барандагони адёни дигар" њамон "адён"дорони худи моянд ва албатта, тибќи маъмул, бояд як далеле пешнињод кунанд, ки дар маѓз-маѓзаш хандањо нуњуфта бошанд. Бояд як гуна ќарори худро аз "сабабњои техникї" ва "каљ шудани ноќил" чунон шарњ дињанд, дар њилањои худ гум шаванд. Ин љо маълум нест, ки сиёсатњои њукумати демократї масхара мешавад ё эътиќоди як миллат. Бо ишора ба овозањо дар бораи ибодатгузории бархе аз рањбарон тафсири минбаъдаи шањрдориро метавон "фироре аз гуноњ" унвон кард. Муќаррар шудааст, ки имомхатибон аз "истифодаи ѓайримаќсадноки баландгўякњо (чї таъбире, чї таъбире! - Х) њангоми баргузории намозњои фарзї љилавгирї карда", "корбарии дурусту маќсаднок аз дастгоњњои таќвияти овоз"-ро роњандозї намоянд. Яъне чї? Нав мефањмем, ки имомхатибон микрофонро њам он гуна истифода намекунанд, ки маќомдорон мехоњанд. Онњо мехоњанд микрофон "маќсаднок" истифода шавад. Рисолати микрофон баланд баровардани садо аст, ё ягон миссияи дигар дорад? Шояд бархе аз тасмимгирандагон микрофонро дигар хел тасаввур кунанд. Њар кас дар чањорчўбаи фањмишњои худ меандешад. Кї бад, кї хуб, аммо коре мекунад, ки меандешад. Он андеша ботил аст, комил аст, дигар љои бањс нест. Онњо надонанд, мо надонистем. Албатта, Худо медонад. Аммо бењтар аст ваќте як тасмимгиранда дар доираи одоб ва ахлоќи њамидаи як инсон андеша кунад. Ё онњоро "меандешонанд". Сар аз худашон андешааш аз дигарон? Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

"Бињишт барои мурдагон", як филми Љамшед Усмонов, коргардони тољики муќими Фаронса, ки сањнањои фањшро низ дар зимн дорад, ин њафта аз бањсњои тундтаринро ба миён овард, ки тундгароёни дунявиву диниро ба њам дарафтонд. Филм дар бораи љавони тољик аст, ки пас аз љашни арўсї наметавонад бо њамсари худ хобухез кунад ва роњи шањрро пеш мегирад. Он љо пас аз сари саргузаштњои ишќиву љиної ў аз асрори хобухез ого? мешавад ва ба дења бармегардад. Он чї ки љонибњои бањсро дарандохт, сањнањои фањши филм буд, ки љое њатто бо иштироки Љонибеки Мурод, овозхони маъруф сурат мегиранд. Љонибек ба расонањо гуфт, ки ин кори даврони 18 - солагї ва "беаќлї"-аш буд. Ба љуз таънаву дашном ва њамду саное, ки дар бањсњо буданд, ширкатдорон инчунин рўи ин суол низ назар доданд:

i

МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО

МАВЌЕЪ Дар љаласаи пеш аз таътили вакилон, раиси Маљлиси намояндагон Шукурљон Зуњуров гуфт, ки дар 27 љаласа аз тарафи МН беш аз 200 ?онуну ?арор ќабул шуд. Дар нимсолаи аввал бошад, дар 39 љаласаи палатаи поёнї 571 ќонуну ќарорњо ќабул шудааст. Инро вакилони як "пешравї" меноманд. Дар њоле, ки барои ќабули чунин ќарору ќонунњо дар чунин ваќт байни мардум сару садоњои гуногунро ба бор омадааст, гурўње мегўянд, ин кори вакилони парлумонро ба китоби рекордњои Гинес ворид бояд кард, зеро дар давоми 5 даќиќа як ќонунеро, ки камаш аз 40 - 50 модда иборат аст, баррасї ва ќабул мекунад. Вобаста ба ин мавзўъ "Нигоњ" аз соњибназарон пурсид:

Оё дар 39 љаласа 571 ќарору ќонун ќабул кардан мумкин аст? Фазлиддин АСОЗОДА, рўзноманигор: - ЊА. Албатта, чаро не. Парлумони мо њамеша рекордї аст. Мисли парлумони Тољикистон дар њељ кунљи дунё нест! Бигзор вакилони моро "тугмачапахшкунак" гуфтан гиранд. Бигзор интихобкунандагони ин вакилон дар шабњои бебарќї дар роњњои пурлой пешпо хўрда афтанду бинияшонро шикананд. Медонед, барои чї? Зеро ин мардум њангоми интихоб дарк накардаанд, ки номзадашон оянда бояд "оморчии вараќї" бошад. Ва ин ё он вакил воќеан нишон дод, ки теъдоди санаду ќонун аз сифати он муњимтар аст. Вакилони тољик исбот карданд, ки бе иштироки интихобкунандагонашон дар баррасии масъалањо низ метавонанд санаду ќонуни марбутаро барои муњокима пешнињод намоянд. Ња, ња, ба ќавле, "харашон аз лой парид". Дигар ба "панду насињат"-и ягон интихобкунанда эњтиёљ надоранд. Њамон як тугмача аст, ки худашон њам бо як ангушт зер кардан мегиранд. Пас, њалолашон бод! Њар давлати дигар баробари шунидани чунин як омор ангушти њайрат хоњад газид, ки дар кишвари кўчаке чун Тољикистон ба зудї ва бе ягон мушкилї шумораи зиёди санаду ќонунњо ќабул мешаванд!

Иззат АМОН, тањлилгар: - НА! Њамчун сиёсатшинос бояд гўям, ки раванди ќабули ќонун яке аз равандњои мушкил на танњо дар парлумон балки дар кулли љомеа мебошад. Аслан имкон надорад, ки як парлумон дар ин муддати кўтоњ ин теъдод ќонуну санадњоро ба имзо расонида бошад. Шояд ба имзо расонида бошад, вале љомеаи тољик аз рафти ќабули ќонунњо дар парлумони кишвар ќариб, ки хабар надоранд. Танњо аз тариќи телевизион хабар медињанд, ки чунин ќонуне ќабул шуд. Яъне дар умум љомеаи тољик дар ќабули ин ќонунњо аслан ширкат намекунад, ки машруъияти ќабули ќонунњоро зери суол мебарад. Чаро рафти ќабули ќонун ва бањс гирди ќонунњо аз тариќи телевизион пахш намешавад? Чаро мо ягон нафар аз намояндагони маљлисро намешиносем? Чаро мо, масалан, кї будани Жириновскиро медонем, вале аз намояндагони маљлиси худамон ѓайр аз ду - се нафар каси дигарро намешиносем? Мо бошем бовар кунед њатто боре њам намояндаи худамонро дар маљлис надидаем ва њатто намедонем, ки ў кист?! Магар ин шармандагї нест?


6

№15 (291), 04-уми июли соли 2012

Њоли кўпрук пули замони тоибтидоиро мемонад, на тамаддуни асри ХХI. Болои кўпрук баромадан замон, дар андешаї, ки аз болои он њарчї зудтар гузарї, то он ки ба сой наафтида, худро дар амон гирї! Аз манзари таърихи дурудароз ва маданияти зиёда аз 2700-сола ба роњњою кўпрукњои сеюмин шањри мамлакат - шањри бостонии Кўлоб нигариста, њељ бовар намеояд, ки як замон бо ѓамхории бевоситаи сарвари давлатамон Кўлоби бостонї ба зебошањре табдил дода шуда буд. Ва роњњо дар ин манзар мебоист натанњо васлгари ќалбњо мегаштанд, балки пайвандсози мардумон њам. Мебоист њар як сокини шањр, њар як мењмони Кўлоби бостонї аз дидани зебоињо курта-курта гўшт мегирифт, хурсанд мегашт, ки худ низ дар ободсозии шањру кўчањои он сањме гузоштааст. Вале, манзарае, ки дар алоњида кўчањои шањр пеши назар меояд, дили њар як бинандаро реш месозад. Чаро ки воќеият бо њуввияти Кўлоби бостонї рост намеояд. Рости гап, аќлам намегирад, ки њар сол зимни љашнгирии идњои Тољикистони азизам њазорон мењмон аз дуру наздики кишвар ба Кўлоб меоянду чунин манзараи риќќатовар пеши назарашон љилвагар мешавад. Аљаб айбе? Не! Зеро ки шањрдорон дар симои кормандони Идораи коммуналии шањр кўшиши зиёд ба харљ дода истодаанду медињанд, то бо ободу кабудизор сохтани ду тарафи роњњо ќадаре њам бошад, ин манзараи табъхирасозро, ба ќавле, "косметика" кунанд! Ба андозае ин кор ба эшон даст медињад. Лекин "чашмхокпошї, чењрапудразанї атру упопошї то ба кай?" - суолест, ки рўзе посухи хешро талаб хоњад кард. Ду сол ќабл роњсозони чинї хиёбони ба номи Исмоили Сомониро таъмири хеле хуб карда буданд. Айни њаракат аз ин хиёбон аз њолати хуби роњ, тамошои шиору овезањои рекламавї, ки аз ду тарафи роњ ќомат афрохтаанд, ба кас њаловат мебахшанд. Аз ќалб беихтиёр нидои "рањмат, хитоињо ва шањрдорони кўлобї!" мебарояд. Метавонистам, ин љо ањсант гўям боз, лекин дар назди ќароргоњи раиси вилояти Хатлон чароѓаки хомўши чорроња хотирро мушавваш месозад. Илова бар ин, алоњида ронандагон бо суръати аз меъёр бисёр баланд, болои 100-120 км соат њаракат доранд, ки аз диданашон дил тањ мехўраду бо чашм беихтиёр нозири роњро мељуї! Вале, афсўс, ки нест! Ба кўчаи ба номи Сангак Сафаров тоб мехўрам. Забон намепечад, ки алоњида ќитъаи роњро роњи шањрї гўям. Гўё, савори аробае бошию аз сангоби руди Ёхсу њаракат карда истода бошї. Ба чап бингар, ки куљої! Аз ду тарафи роњ иморатњои "Ќасри фарњанг", "Театри ба номи Сайдалї Вализода", "Амонатбонк"и шањри Кўлоб ќомат афрохтаанд. Бале, акнун боваратон меояд, ки яќин дар кўчаи шањри Кўлоб њаракат доред. Аз кўча бо суоли "Бо ка-

НАЌЛЊОИ МУЗОФОТЇ

Обу ош

ЉАМЪОМАДИ ЊНИТ ДАР ХУЉАНД

Шањри валангор Чаро Кўлоб дигар шањри љашнї нест? дом сабаб роњи ин кўча обод намешуда бошад?" мебарої, ки аз пеш купруки Сойи Тебалай мебарояд. Ва мефањмї, ки суоли "Бо кадом сабабњо …?" ба ин купрук њам иртибот дорад. Њоли купрук пули замони тоибтидоиро мемонад, на тамаддуни асри ХХI. Болои кўпрук баромадан замон, аллакай дар андешаї, ки аз болои он њарчї зудтар гузарї, то он ки ба сой наафтида, худро дар амон гирї! Хонандаи гиромї! Лањзае ба ин аксњое, ки банда дар ќитъањои алоњидаи шањр сабт кардам, бингар, андеша намо! Кист гунањкор? Сабаб чист, ки њамагон, бахусус, масъулини соња ин њамаро мебинанд, медонанд, вале чуноне аз вазъият бардошт мекунем, ќадаме дар самти бењбуд бахшидан ба кор, бењ сохтани вазъият нагузошта истодаанд? Агар бо њамин ќайдњо ќаноат кардаю дидањо��монро ба ќалам доданї шавем, пас, зарур аст, ки њамин њозир њама масъулини бо роњњо сарукор доштаро зери танќиди шадид гирем. Лекин модоме маќсад - танќид набуда, балки ислоњи вазъият аст, пас, ќабл аз хулосае баровардан, биё, саросемагї накарда, сари мавзўъ сўњбате бо масъу-

лин меороем, то эшон, ба ќавле, устокорона ќилро аз хамир људо намоянду мову шуморо аз вазъ огоњ созанд, доир ба сабабњои чунин ранг гирифтани манзара маълумоти муфассале бидињанд. Меравем сўи Муассисаи таъмиру баистифодадињии роњњои дохили шањри Кўлоб, ки бевосита бо њалли њамин масъалањо сарукор дорад. Ба ќавле, агар касеро гунањкор донистанї шавем, пас, сари масъулини њамин идора месазад, ки чормаѓз шикаст. - Бале, ин њама камбудињо дар кўчањои номбурда љой доранд. Ва ин омил, албатта, моро ѓамгин месозад! - мегўяд сардори Муассисаи таъмиру баистифодадињии роњњои дохили шањри Кўлоб Одина Њалимов. - Лекин мо худ дастнигарем, дар њалли њамагуна масъала ба буља такя мекунем. Ба вазъи молиявии мо нигариста, худ ќазоват намоед, ки муассисаи мо чї имконот дорад, ба чї ќодир аст, ки дар ин самт ба сомон расонем. Мувофиќи ќарори раќами 13 њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29-уми декабри соли 2011 ва ќарори раиси шањри Кўлоб тањти раќами 17 аз 7-уми феврали соли 2012 барои таъмири

кўчаи ба номи Сангак Сафаров, ки дарозиаш 3000 метр буда, пањноияш 10 метр аст, маблаѓи 1 миллиону 140 њазору 881 сомонї људо шудааст. Бояд ќайд кард, ки ба њамин маблаѓ таъмири чароѓакњои рањнамо, равшандињии роњ, мумфарш кардани роњи мошингард ва пиёдагард дар назар дошта шудааст. Баъд аз гузаронидани тендер дирексияи сохтмонии иншоотњои Њукумату дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон иљрои корњоро ба ихтиёри вазорати наќлиёти Тољикистон супурд. Корњо аз 15-уми апрели соли равон бояд сар мешуданд. Вале бо сабабњои ба мо њам номаълум корњо њанўз оѓоз наёфтаанд. Агар бо андешаи "Муњимаш он аст, ки масъулин аз пайи њалли масъала, ки бошанд, кор, албатта, ба сомон хоњад расид!", амал кунем, пас, мерасад рўзе, ки кўчањои асосии Кўлоби бостонї обод хоњанд шуд. Дунё ба умед! Низом БАРОТОВ, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон. Аксњо: худи муаллиф

Дењаи Ќистаќўз, њозира Хистеварз агар аз як тараф бо калонтарин љамоати дењот буданаш дар кишвар маълуму машњур бошад (зеро ки дар ин љо наздик 60 њазор ањолї умр ба сар мебаранд), аз љониби дигар, бо баъзе урфу одатњои љолибаш низ маъруф аст. Боре ба ин дења, ба оши нањор даъватї будем. Дар рўи њар як миз дар баробари дигар анвои хўрданї инчунин як коса об њам гузоштагї буданд. Чун бо зери чашм њар як мењмони даъватшударо медидам, ки пас аз тановули ош як коса об менўшид, новобаста аз он ки сањар буд. Он нафаре, ки дар наздам нишаста буд бо чашми њайрат нигоњ кардани маро ба обнўшии онњо фањмиду гуфт: - Барои чї њайрон мешавї? - Хайр, дар нисфирўзї пас аз ош об нўшидан мумкин, вале дар сањарї бошад, нўшидани оби хунук… - гуфтаму њайрон мондам, чун бори аввал медидам, ки пас аз хўрдани ош як коса оби хунук менўшанд. Дар бисёр љойњо обњои минералї менўшанд, вале нўшидани оби хунуки оддї њангоми сањар бошад, бароям љолиб буд. Гуфт, ки ин анъана аз даврањои ќадим дар ин љо њамин тавр аст. Бобоёну гузаштагони мо пас аз хўрдани оши нањор њатман як коса об менўшиданд. Ин то њол идома дорад ва дар баъзе мањаллањо бошад, ин чизро кам-кам фаромўш карда истодаанд. Сокинони ин љо кайњост, ки ба ин чиз одат карда будаанд. Њамсўњбатам гуфт, ки ин обро барои он менўшанд, ки биринљ бояд аз об сер шавад ва ў њам як коса обро гирифта нўшид. Биринљ њарчанд, ки дар ош пухта шуда бошад њам то њол аз об сер намешудааст. Ваќте пас аз тановули ош об нўшї, биринљ он ваќт мегуфтааст, ки ман акнун аз об сер шудам. Аљиб биринљро аз замине мерўёнанд, ки палаш пур аз об аст. Ваќте ошпаз низ биринљро дар об мељўшонанд ва дар ин њолат њам ў аз об сер намешудааст. Як дўсти дигарам низ гуфт, ки мо њам боре ба ин дења ба маъракаи домодталбон рафтем. Дар расми мо он домоде, ки ба маърака меравад, аввал љазза меоранд. Мо мењмонон бошем интизор будем, ки ягон хўрок меоранд. Мизбонон бошад дар дастњояшон коса вориди хона шуданд. Њама фикр кардем, ки шояд онњо аввалан шўрбо меоранд. Њама нонњоро шикаста барои хўрокхўрї омода шудем. Аммо бо баробари дидани дохили коса, тарбуз аз баѓаламон афтод. Дар коса на хўрок, балки оби хунуки оддї буд. Баъд аз чанд лањза ош оварданд. Ин анъана низ дар баъзе ноњияњои шањри Панљакенти бостонї њам ба назар мерасад. Як расми дигари хистеварзињо ин будааст, ки рўзи тўйи арусї љавонони зан ногирифта, миёни худро бо рўймоли тўњфашуда аз соњиби тўй мебастаанд. Ба он ният, ки онњоро њам Худо ба њамин рўз расонад. Як дўстам шўхї карда, мегуфт, падару модараш хеле ошуфта мешаванд, ки ин бачаи занталабашонро чї тавр зан дињанд. Синну солаш кош расад… Хулоса, аз урфу одатњои мардуми Хистеварз ана њамин нуктањои љолиб дар хотири мо монд. Одатњо баёнгари фарњанганд, агар хуб бошанд, тавре дар Хистеварз аст. Афзал БОСОЛИЕВ


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

7

Баъди њисоботи Шукурљон Зуњуров муњлати таътили тобистонаи вакилони моро аз се то дувоздањ моњ дароз кардан ба манфиати љомеа ва мардуми Тољикистони азиз хоњад буд. Бо ном гирифтани њизбњои сиёсї пеш аз њама роњбарият, чењрањо ва ќароргоњои онњо пеши назар меоянд. Сарфи назар аз он, ки идорањои онњо дар иншооти барњавоянд, ё раисашон утоќи корї дорад ё умуман надорад, хоњ-нохоњ пеши чашм љилвагар мешаванд ИЉОРАГАРД Агар њизби коммунистро гирем (минбаъд ЊК - Њ.Ќ.), ё раисаш Шодї Шабдоловро, њатман бинои Хадамоти сирри давлатї пеши назар меояд. Дар ин бинои давлатї чандин утоќ ба коммунистњо дода шудааст. Табаќаи болоии ин бино пурра аз ворисони Ленини Кабир нест. Дороии коммунистон њайкалњои Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин, ки Шабдолов онњоро њамчун арзиши таърихї ва мероси шўравї мењисобад, иборат аст. Њизби коммунисте, ки то суќути Шўравї кулли иншооти њизбии коммунистонро соњиб буд, њоло њатто як бино, чї расад ба бинои хусусї, њатто утоќи худро надорад. Чаро? Исмоил Талбаков, муовини раиси ин њизб ба "Нигоњ" гуфт, "хеле афсўс мехўрем, ки натавонистем иншооти њизбиро хусусї кунем ё њамчун давлатї бозпас гирем". Ба бовари коммунисти дуввуми кишвар, аз рўи фармони ќонунї кардани иншоотњои ЊК чор

ри онро њам президент интихоб мекунад. Акнун суол ин аст, ки оё худи раиси њизб, ки директори "Коњи Вањдат" - ро таъйн мекунад, боз ба нафари таъйинкардааш иљора месупорад? Аммо ин иншооти миллї аст ва бояд ки мардум дар бораи он иттилоъ дошта бошанд. Мутаассифона, дар љомеа хеле чизњое њастанд, ки мардум дар бораи онњо иттилоъ надорад. ХОНАХУДО Њизби нањзати исломї (минбаъд - ЊНИ), ки дуввумин њизби бонуфузи кишвар аз лињози аъзо ва нуфуз шуморида мешавад, дар Душанбе, кўчаи Борбад дафтари худро дорад. Солњои охир намуди зоњирии бино њам хеле "шик" шудааст. Ин њизб дар шањру навоњии кишвар биноњои њизбї дорад, ки ё ба иљора гирифта, ё шахсї гардонида шудаанд. ЊНИ дар ин бино шурўъ аз љаласањои њизбї, то консерту дигар тадобири фарњангиро баргузор мекунад.

аз ќароргоњи президент љойгир аст. Бо ном гирифтани ЊД симои Масъуд Собиров пеши назар меояд, ки то њол ягон чорабиниеро дар дафтари худ доир накардааст, зеро умуман дафтар надорад. ХАЙРИЯВЇ Њизбњои ислоњоти иќтисодї (ЊИИ) ва агарарї (ЊА) - ро маъмулан "кисагї" ном мебаранд, яъне аз њукумат "хайр" мебинанд. ЊИИ - ро бо роњбарии Олим Бобоев, собиќ вазири наќлиёт ва њоло директори Инситути тадќиќоти стратегї низ дар дафтарашон надидаем. Њадди аќал онњоеро, ки мешиносам, ин дафтарро надидаанд. Дафтари ЊА и Амир Ќароќулов, роњбари Маркази кишоварзии назди вазорати кишоварзиро њам касе надидааст. Шояд доранд, аммо мо њамчун рўзноманигор надидаем. Дуруст андеша кунем, оё ба онњо дафтар зарур аст? Харољоти зиёдатї чї даркор ба онњо, ваќте бидуни њамин ха-

Њизбњои кўчагї, хонагї ва ќасрї… сол пеш ба Суди Конистутсионї шикоят кардаанд, аммо суд то ба њол ин масъаларо баррасї накардааст. Њоло ЊК ягон метри мураббаъ дар љумњурї надорад. Дар бинои давлатист, аммо аз пардохти иљора озод аст, ба истиснои пардохти хизматрасонии коммуналї. Яъне њукмат ба онњо имтиёз додааст, ночиз бошад њам. ИЉОРА, АММО ЌАСР Агар Њизби халќї - демократї (ЊХД) - ро ном гирем, њатман кохи бошукўњи Вањдат дар маркази пойтахт, замоне иншооти коммунистон, аммо њоло моли ифтихории њизби њукмрон пеши назар меояд. ЊХД аз ошёнаи 1 -уми ин бино сар карда, то ошёнаи 3 - юм утоќи корї дорад. Усмон СОЛЕЊ, як масъули ин њизб дар ќароргоњи марказї мегўяд, ин кохи бошукўњи коммунистњоро аз давлат иљора гирифтаанд. Ин бино солњои дуњазорум миллї шуда, аз моликияти коммунистон бароварда шудааст. Ба гуфти њамсўњбатам, њар моњ иљорапулии биноро ба давлат месупоранд, аммо аз ифшои маблаѓи иљора худдорї кард. Кохи Вањдат моликияти дастгоњи иљроияи президент аст ва директо-

ШТАБ - КВАРТИРА Њизби умумимиллии сотсиалдемократ (ЊУСД) њам дар Душанбе идораи њизбї дорад. Дар баробари ќароргоњи ЊХД ва ЊНИТ нест, аммо аз њизбњои дигар, ки бо вуљуди парлумонї будан, дафтар надоранд, фарќ мекунад ва идора дорад. Љое дорад, ки аъзои Раёсаташ љамъ меоянд ва он љо рўзноманигорон њам гоњо барои шунидани изњороти раис Рањматулло Зоиров мераванд. Ин дафтар дар њамсоягии хонаи шахсии раиси њизб воќест: кўчаи Рањмон Набиев, 262. Гуза��онидани чорабинињои фарњанги дар ин дуњуљрагии бинои чорошёна имкон надорад.

рољот ЊА 2 курсї - баробари ЊНИ дар парлумон дорад ва ЊИИ - як намоянда? Ба ќавли бархе, дафтари ин њизбњо худи рањбаронашон њастанд, шояд утоќи кории онњо. Агар ин тавр бошад, дафтари ЊИИ дар њудуди "Садбарг", аз ЊА дар Гипрозем аст. Ба онњо мешавад Њизби сотсиалисти Абдуњалим Ѓаффоровро њам шомил кард. Ин њизб њам идора надорад. Аз рўи мантиќи ду њизби ахир утоќи кории Ѓаффоровро дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мактабњои олї мешавад дафтари ЊС унвон кард. Суроѓааш бинои марказии Донишгоњи Миллї, манзили дуюм аст.

ДАРБАДАРЇ… ЊХД ва ЊНИ бо назардошти вазъи молии хуб имкони доштани бинои худ ва ё ба иљора гирифтани онро доранд. Аммо ин суханонро дар нисбати њизбњои дигар намешавад гуфт. Масалан, то њоло њизби демократ (ЊД) бо роњбарии Масъуд Собиров сари гирифтани бинои њизб бо љиноњи Мањмадрўзї Искандаров даъво дорад. Ин духонагї дар маркази Душанбе дар рўбарўи вазорати дифоъ, њамагї 200 метр дуртар

"ЊИЗБИ ТОЉИКИСТОНЇ" Агар вазъи молии њизбњои сиёсии Тољикистонро бо кишварњои дигар ќиёс кунем, лоаќал бо Русия, ки бо онњо каме ошної дорем, то љое аз вижагии онњо хабар меёбем. Ангушти њайрат намегазем, зеро дар чунин шароит будану фаъолият карданро фаќат њизбњои тољикистонї метавонанд. Аз ин хотир, дар дунё назир надоранд ва махсусанд.

БАРОИ ДАФТАР БА НАВБАТ ИСТЕД!

Њарамгули ЌОДИР

БИДУНИ

F

Т

... бо Фаридун Рањнавард

Њисоботи "сардори синф" - Зуњуров Вакилони Парлумони Тољикистон ба таътили тобистона рафтанд. Ростї, маро њамин моддаи ќонун, ки ба вакилон таътил муќаррар кардааст, њамеша ба тааљљуб меовард. Даќиќтараш, то дирўз. То дирўз фикр мекардам ва касе ба ин савол љавоби даќиќ дода наметавонист, ки чаро вазирони мо не, президенти мо не, балки мањз вакилони парлумон дар ќатори талабањои мактабњои миёна ва донишљўён бояд таътили семоња дошта бошанд. Одатан ба ин саволи ман коршиносони њуќуќдон мегуфтанд, кори вакил хеле душвор аст, кори фикрї аст, аз ин рў таътил њатмист ва ба манфиати тамоми Тољикистон аст. Охир тамоми пањлўњои њаёти мо ба мањсули кори вакилон, ба ќонунњо вобаста аст. Ба мо чї хўрдан мумкин асту чиро не, чї пўшидан мумкин асту чиро не, куљо рафтан, бо кї сўњбат кардан мумкин асту бо кї не, ба ќонунњое вобаста аст, ки вакилони мо ќабул кардаанд. Аммо дирўз пеш аз эълони каникули семоња ба "сардори синф", Шукурљон Зуњуров нимсолаи аввали кори парлумонро бо як њисобот љамъбаст карду ман бовар кардам, ки ба вакилони мо таътил додан шарт аст. Зиёда аз ин, баъди шиносої бо ин њисобот таътили тобистонаро ба вакилони мо ба манфиати давлату љомеа ва Халќу Ватани азизу мањбубам медонам. Чаро? Гўш њуш шавед ва тасаввур кунед! Дар ним сол маљлиси намояндагон, намояндагони мову Шумо дар шохаи ќонунбарор, шохаи муњимтарини њокимият 39 љаласа баргузор кардаанд. Дар ин 39 љаласа онњо 571масъалаи барои мову шумо њаётан муњимро баррасї кардаанд. Тасаввур мекунед?! Вакилони мо, ин фидоиёни Халќу Ватан дар њар љаласа маљбур буданд, ќариб 15 масъаларо баррасї кунанд. Як љаласаи маљлиси намояндагон агар як соат давом кунад, дар ин як соат ба баррасии 15 масъалаи "муњимтарини курраи замин" чанд даќиќа лозим мешавад? Њисоб кунед: бале 4 даќиќа! Акнун гўед, ки дар 4 даќиќа шумо чанд лоињаи ќонунро не, чанд калима хонда метавонед? Ња, бародарон, ќоил шудед? Боз баъзе "нотавонбинони Халќу Ватан" аз худ коршинос тарошида, изњор мекунанд, ки аксарияти вакилони мо диктанти дуруст навишта наметавонанд. Њайфатон бод! Донед, ки имсол љаласаи иљлосияи сеюми Маљлиси намояндагон, даъвати чорум дар 27 љаласа 216 санад натанњо баррасї, балки ќабул њам гардидаанд. Ќабул кардани 140 ќонун, 42 ќарори палатаи поёнии парлумон ва 34 ќарор дар хусуси тасдиќи Созишнома, Ањднома ва Конвенсияњо кори осон аст магар? Дар њар маљлис - 8 ќарор, ќонун, конвенсия, созишнома, ањднома рост меояд. Ѓайр аз ин љаласањои махсусе њам мешаванд, ки вакилони моро мебояд, 15-16 супориш, эъ, вай… бубахшед, ќонунњои муњимро баррасї ва ќабул кунанд. Хулласи калом, ин ба гуфтан осон аст, љанобони бехонумон. Тасаввур кунед, ки ба вакилони мо дар њар 5 даќиќа вараќ-вараќ, сањифа-сањифа, љилд-љилд ќарору ќонунњоро, ки мазмунашонро шояд њатто муаллифонаш намефањманд, хонда, тањлил карда, баррасї ва муњокима карда, ќабул кардан мебояд. Муњимтар аз ин, вакилони мо, ѓайр аз ду се нафар дар љараёни мутолиа, тањлулу баррасї ва муњокимаи муњимтарин масъалањои таърихї, умуман бањс намекунанд. Инро њам тавонистан даркор, бародарон. Ба ин вањдати комил расиданро њар касс наметавонад. Ин истеъдоди худодод аст! Баъди ин њисоботи Шукурљон Зуњуров, ман ба саволи дигарам, - чаро вакилони мо дар парлумон иваз намешаванд,- љавоб ёфтам. Онњоро иваз кардан намешавад, мефањмед, бародарон. Ин шахсиятњои беназиранд. Мисли монанди онњоро дар ягон гўшаи дунё ёфтан намешавад. Нестанд, тамом! Аламовар аст, ваќте мо онњоро маљбур мекунем, ки аз худ гузашта, сињатии љисмиву равонии худро тањти хатар монда, таќдири мову Шуморо дар чанд даќиќаву сония њал кунанд, боз кинояву пичинг мешунаванд, танќид мешунаванд. Ин њам дуздиву њам пешхезї нест? Зиёда аз ин, баъди њисоботи Шукурљон Зуњуров, ман сидќан муътаќид шудам, ки муњлати таътили тобистонаи вакилони моро аз се то дувоздањ моњ дароз кардан њамчунин ба манфиати љомеа ва Мардуми шарифи Тољикистони азиз хоњад буд. Агар шахсан ба ман вобаста мебуд, дар рўзномаи љаласаи аввалин њамин масъаларо ба баррасї пешнињод мекардам. Зеро, агар инњоро дар њамин рељаи имрўзї истифода, ё эксплуататсия кунем, дар як сол њазор ќонун, то охири муњлаташон 5 њазор ќонун ќабул хоњанд кард. Коѓази бечора њама чиро мебардорад. Мардуми мо њам дар ин масъала аз коѓаз монданї надорад. Аммо баъди ин оё системаи "њукумати электронї" - компютерњо ба табодули ин ќадар ќонуну конвенсияву санаду созишномаву балову батар тоб оварда метавониста бошад? Аз куљо маблаѓ ба коѓазу компютерњое, ки аз чопи ќонунњои мо фарсуда шуда, пурра аз кор хоњанд баромад? Зиёда аз ин, мо ин хел вакилонро, ин хел фидоиёни Халќу Миллатро, ки дигар дар натиљаии истифодаи ѓайримаќсадноки маѓзњои пуч, эъ, мебахшед, маѓзњои пурашон рўњану љисман хаставу бекора хоњанд шуд, аз куљо меёбем? Аз ин рў, њоло њам дер нашудааст, агар инро намехоњед, маро дастгирї кунед. Агар нахоњед, ки боз як-ду таѓйирот ба Ќонун "Дар бораи мубориза бо терроризм" дохил шаваду созмони журналистон мавриди баррасии вакилон ќарор гирад, киноянависиро дар бораи таътили семоњаи талабагон, бубахшед, вакилони парлумон бас кунед! Бењтараш, ба љойи кинояву нотавонбинї, шукрона аз Истиќлолият, Сулњу Вањдат ва сиёсати хирадмандона кунед, ки сафи вакилони потенсалї њар соату њар даќиќа меафзояд. Хушхабари ахирро мерасонам. Сафи аъзои Њизби халќї демократии Тољикистон, ин макони тавлиди вакилони асил, дар њамин нимсола ќариб ба 40 њазор нафар афзудааст. Дар як даќиќа… Худатон њисоб кунед!


8

№15 (291), 04-уми июли соли 2012

Гуфтем, ки бираванд ва дар љойњое, ки љанг аст, хизмат кунанд. Дар бозсозї ва инкишоф мо аз онњо истифода накардем, зеро вилояти Балх худ тавонманд буд, амнияташ таъмин буд, мардумаш бо њукумат њамкорї мекард. - Устоди мўњтарам, ба шањри мо хуш омадед. Сафо овардед. Чун Душанбе барои Шумо шањри бегона нест, лутфан суњбатро аз ин шурўъ мекардед, ки ин дафъа чї сабаби омадани Шумо ба Тољикистон буд? - Бисмиллоњир - рањмонир-рањим. Ташаккур аз Шумо ва нашрияи Шумо, ки ба шахсияти банда таваљљўњ зоњир кардед. Шањри Шумо хеле зебост ва мо дар ин љо воќеан эњсоси бегонагї намекашем. Агар аз њадафи сафарамон бигўям, ин сафар ба манзури дифоъ аз рисолаи магистриам буд дар мавзўи "Танзими њуќуќии иттилооти тиљорат". Чанд сол ба ин сў омодагї дидем, ки дифоъ кунем ва алњамдулиллоњ, ки кардем. Њадаф њам ин буд ва њам ба њамин бањона дидори дўстон. Ман ин љо дўстони зиёде аз доираи шоирону олимон ва фарњангиёну тољирону сиёсатмадорон дорам. Њамчунин шоми гузашта бо вазири корњои хориљии Тољикистон мўњтарам Њамроњхон Зарифї сўњбат доштам. - Оё дар кадом маврид Шумо бо вазири корњои хориљї сўњбат кардед? - Ќабл аз њама равобити ду кишвар - Афѓонистону Тољикистонро, бахусус он чї ба ману масъулиятам рабт мегирад, дар мавриди њамкорињои вилояти Балх бо вилояти Хатлони Тољикистон ва имкониятњои дигари њамкорї асосан сўњбат кардем. - Љаноби Устод, Шумо роњбари як вилояти бузурги Афѓонистон њастед. Дар гузашта аз фармондењони муљоњидин будед. Мо ба фазлу донишмандии Шумо шак надорем, аммо дар чунин замонаи њассос ва он њам дар Афѓонистон ва дар вазифаи хеле муњим магар ваќти кофї барои корњои илмиро доред? Соддатар карда гўем, ки чї тавр барои кори илмиатон ваќт меёбед? - Њамон гуна, ки њазрати Пайѓомбар (с) гуфтааст: "Аз гањвора то гўр дониш биљўй" ё "Дар талаби дониш бошед, агарчи дар Чин бошад". Бубинед, дар замонњои ќадим азбаски мардуми араб бо шутуру дигар воситањо њаракат мекарданд, маълум аст, ки Чин барояшон як кишвари рўёї будааст. Аз ин хотир, манзури пайѓомбари Худо (с) хеле жарф рафтан ба олами илм аст. Инљониб њам бо вуљуди масруфиятњо чандин сол ба ин сў бо назарияи иќтисоду њуќуќ сарукор дорам. Дар љањони имрўз, сиёсатњои љањонии имрўз доштани њамчунин унвонњо барои як соњибмаќом хеле муњим аст. Як нафар бояд инро дошта бошад. - Медонед, ваќте ба мо дар бораи номзади илм ё доктор шудани як нафари сарватманд ё вазифадор мегўянд, бидуни бањс дар

сарамон ин фикр чарх мезанад, ки онњо - сарватмандон ва мансабдорон кори зиёд доранд, ваќт надоранд, аксаран њам саводи кофї надоранд, то бо кори илмї машѓул шаванд. Аммо чун пул доранд, рисолањои илмии худро ба ягон олими њаќиќї супориш медињанд. Ин љо метавонем бархеро ном ба ном орем, аммо худдорї мекунем. Шумо дар Афѓонистон зиндагї мекунед ва як вазифае доред, ки хеле масъулият

Тайи чанд соли ахир бо љаноби профессор Ќосимшоњи Искандарї ва намояндаи шахси мо ин љо дар Душанбе- Абулњайи Ором робитаи мустаќим доштам ва барои омодагињо ба рисолаи магистрї онњо ба ман кўмак мекарданд. Шахсан сари рисолаам кор кардам. Ин ки ман дар њаќиќат онро њимоят кардам, бигзор мисли ман довталабон ва устодоне, ки аз ман имтињон гирифтанд, бигўянд. Аз Комиссиюни Донишгоњи тиљорату Академияи улум бипур-

содї дошта бошам. Дар пањлуи ин ки дар хизмати мардум њастем, мехоњем дар зиндагии худ њам ором бошем. Албатта, дар тиљорати дигарон коре надорам. Њимоят мекунам, аммо корашон надорам. - Хуб, љаноби Устод, Шуморо аз афроди сарватманд мењисобанд. Чун худ дар илми њуќуќи тиљорат кори илмї кардед, як суоле њаст, ки пурсидани он беадабї намебошад. Сарвати Шумо чї ќадар њисоб мешавад?

Устод Атомуњаммади Нур, маъруф ба Устод Ато соли 1964 дар шањри Мазори Шарифи Афѓонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11 - соларо дар он љо хатм кард. Дар замони љињод алайњи Шўравї ва муќовимат бо Толибон тањти рањбарии Ањмадшоњи Масъуд аз фармондењони Љамъияти исломии Афѓонистон буд, ки сарвариашро Бурњонуддини Раббонї ба зимма дошт. Аз соли 2002 ба ин сў волї ё раиси вилояти Балхи Афѓонистон буда, аз афроди соњибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд. Соли 2008 дипломи донишгоњи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст. Чанд рўз ќабл дар Донишгоњи тиљорати Тољикистон унвони магистри улуми њуќуќро ба даст овард. Оиладор, соњиби 7 фарзанд.

дар Афѓонистон мо наќши бориз ва умда, њатто наќши мењвариро хоњад доштем. - Хуб, ќарор аст, амалан неруњои НАТО то охири соли оянда ва ибтидои соли 2014 хоки Афѓонистонро тарк кунанд. Имрўзњо, мешавад гуфт, ки хуруљи неруњои байнулмилал аз Афѓонистон яке аз мавзуњои раќами аввали љомиаи љањонї аст. Шумо ин 11 соли будани неруњои байнулмилалиро чї тавр арзёбї мекунед? Рафтанашон хуб аст ё монданашон? - Барои кўмаки љомиаи љањонї дар мубориза алайњи терроризм, бозсозї ва баланд бурдани зарфиятњои афѓонњо њазор сипос ва ќадрдонї мекунем. Намехоњем носипосї бикунем. Вале њоло ки шароит шуда ва инњо хориљ мешаванд, минњайси як афѓоне, ки барои истиќлол ва озодии Афѓонистон мубориза кардаам, барои бењтар шудани зиндагии афѓонњо кор мекунам, бо баромадани дўстони байнулмилалї мо хурсанд мешавем, ки афѓонњо ба тарафи худкифої мераванд ва худ як кишвари мустаќил, тавонманд эљод мекунанд, бо пои худ рост меистанду мераванд. Хурсанд мешавам, ки афѓонњо худкифо шаванд, то барои њамеша бори дўши љомиаи љањонї бошанд. - Хуб, 11 сол аст, ки хориљињо

УСТОД АТОМУЊАММАДИ НУР: Сўњбати ихтисосии «Нигоњ» бо волии вилояти Балх талаб мекунад. Ваќте масъулият доред, ваќт надоред ва бо кори илмї машѓул шуда наметавонед. Хотиратон љамъ буда наметавонад. Шояд Шумо њам дипломатонро харидаед? - Суоли хеле мушкил, зеро ман њоло наметавонам бо далоил ба Шумо чизеро собит кунам. Шояд дар Тољикистон ва њам дар Афѓонистон ин гуна афрод бошанд, ки барои ман номбар кардани онњо осон нест, зеро далеле дар даст надорам. Аммо масъала ин аст, ки агар њамин магистриро ман мегирам, чї таѓйире дар зиндагии ман меояд, ваќте ман онро харидорї карда бошам? Аз ибтидои муборизањоям њар кореро, ки мекардам, самимона мекардам. Худро фиреб намедодам. Дар илм њам бо кўмаки чанд нафар худро ќариб 5 сол такмил кардам. Ваќте сухан аз тиљорату њуќуќ меравад, ин барои як донишљў ё олим назария метавонад буда бошад, аммо барои банда кори њамарўзаам аст.

СОЛИ 1998. МУЌОВИМАТ АЛАЙЊИ ТОЛИБОН

сед. Ман ба њар чи онњо суол карданд, посух гуфтам, мавзўъро хуб муаррифї кардам. - Як воќеияти дигари кишварњои худкома, дур намеравем минтаќаи худамон - Осиёи Марказї ин аст, ки тиљорати кишварњо аз сўи рањбарон назорат ва пуштибонї мешавад. Фоидањо њам рост ба кисаи худи онњо меравад. Ин љо дар Тољикистон гоњо мешунавем, ки Устод Ато дар Балх тамоми тиљоратро тањти назорати худ дорад. Оё ин њарфњо дурустанд? - Ќариб 11 сол аст, ки дар бораи ман њар чї мегўянд. Аз замоне, ки волї шудам, бадгўињо дар њаќќи ман вуљуд доранд. Дашном њам медињанд. Аммо мардум аќл дорад, чашму гўшу њуш дорад, мебинад. Ваќте Балх омадеду дидед, ки мардум аз волиаш њимоят мекунад, манзур ин аст, ки волї - Устод Ато ба онњо хизмат кардааст. Агар Устод Ато дар Балх ба хиёнат шарик мебуд, мардумаш ўро намепазируфтанд. На танњо Балх, балки дар тамоми гўшањои Афѓонистон моро њимоят мекунанд, ба њамин хотир, дар бозињои интихоботї ва калони Афѓонистон њамон тавре, ки дар гузашта сањм доштем, дар оянда њам сањм хоњем дошт. Таъйид аз љониби мардум вуљуд дорад. Њељ коре набуд, ки манофеи миллиро ба мухотира дучор карда бошад. Мо ин заминаро мусоид кардем, ки мардум ва тољир ба хотири ором кор кунад, сармоягузор ба хотири ором сармоягузорї кунад, бачањо ва духтаронаш ба фикри ором дарс бихонад. Алњамдулиллоњ, дар вилояти Балх њељ мушкиле вуљуд надорад. Ин фаќат таблиѓоти душманони арзии мо њаст. Вале њељ навъ тиљорат дар ихтиёри ман нест, магар худам тиљорат мекунам. Намехоњам, ки дастнигар бошам ва мушкили иќти-

- (Механдад) Њанўз дуруст њисоб накардаам, аммо гуфта метавонам, як миќдор пул дорам, ки мушкилоти рўзмарра ва ќисман мушкилоти муборизаи маро њал мекунад. - Дар интихоботи гузаштаи президентї Шумо аз номзадии Доктор Абдулло Абдулло њимоят карда будед. Фаромўш наметавон кард, ки он кас пас аз раъйгирињо чї ќадар мубориза бурд, то собит кунад, ки пирўзии Њомид Карзай дуруст набуд. Хуб, якбора аз мубориза даст кашид ва ба њамин ин суол боз монд, ки интихобот шаффоф буд ё на. Соли оянда ё бо пешнињоди раисљумњур Њомид Карзай - соли 2014 дар Афѓонистон боз интихоботи президентї баргузор мешавад. Шумо чї наќшањо доред: ширкат хоњед кард ё аз ягон нафар њимоят мекунед? - Мо ба интихобот бо зарфиятњои хеле бузург пеш меравем. Вазифаи давлатиам волии вилояти Балх аст. Аз нуктаи назари сиёсї, ба Љамъияти исломии Афѓонистон шомил њастам. Дар њама кунљу канори кишвар аъзо ва љонибдор дорем. Як сањми калон дар муборизањо хоњам дошт. Ин танњо вилояти Балх нахоњад буд, балки аз 34 вилояти Афѓонистон гирди њам хоњад будем. Њаракати бисёр ќавиро ба роњ хоњем андохт. Иншоаллоњ, њар нафареро, ки њимоят мекунем, пирўз хоњем кард. - Оё ягон номзадро, ба истилоњи мо, таги чашм кардаед? - То њанўз не, вале ба њамин омодагї дорем, ки мо сањми калон дошта бошем дар мубориза. Инсиљом ва омодагї дорем, марокиз ва пойгоњњои муборизотї эљод шуда, яъне ба як љумла мухтасар бисозам, ки дар таъйини сарнавишт ва таѓйири натоиљи интихоботи оянда

дар Афѓонистон њастанд. Оё тайи 11 сол ба вилояти Балх, ки ин мўњлат волї, яъне рањбараш будед, чї доданд? - Мустаќим аз онњо мо бањрабардорї накардем. Кору ободие, ки дар вилояти Балх шуд, аксаран аз њисоби тољирони Балх ва буљаи инкишофии давлати марказї анљом ёфтанд. Аммо он ќисме, ки неруњои байнулмилалї дар баъзе вилоятњо тарњњо анљом доданд, гўшае аз ин пулро дар Балх масраф накарданд, зеро Балх ором буд ва тарёк кишт намекард. - Воќеан, ин боварнашаванда аст. Ин тавр кам мешавад, ки љое миллионњо, шояд миллиардњо доллари амрикої харљ мешаваду коре нашудааст. Аммо ин њама пешрафтњои Балх аз кадом њисоб буд, ваќте тарёк кишт намекард ва кўмакњои хориљиро њам намегирифт, аммо ором асту сол ба сол пеш меравад? - Кўшишњои сирф худи мардуми Балху тољирону маќомоташ. Мо њам як ПиАрТи - тими бозсозии вилоятї доштем. Онњо бояд тарњњои иќтисодиро дар баробари љанг бо терроризм амалї мекарданд. Се сол англисњо буданд ва то њоло шведњо њастанд. Инњо дар бахши бозсозї њељ кореро анљом надоданд! Њамеша мегуфтам ба матбуот, рањбаронашон ва расман њам хоњиш кардам, ки ПиАрТи аз вилояти Балх барояд. Гуфтем, ки бираванд ва дар љойњое, ки љанг аст, хизмат кунанд. Дар бозсозї ва инкишоф мо аз онњо истифода накардем, зеро вилояти Балх худ тавонманд буд, амнияташ таъмин буд, мардумаш бо њукумат њамкорї мекард. Демократия ва озодии баён таъмин мешуд. Тарёк набуд, ягон фољиа, таркиш набуд, аз ин хотир, онњо Балхро њимоят намекарданд. - Устоди мўњтарам, хуб як та-


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

9

Бародарони тољики мо, ки аз ин вазъ бояд истифода мекарданд, бештар медурахшиданд, аз ин мавќеъ истифодаи калон ва азиме сурат мегирифт, чун инњо зарурат доштанд... раф њарфи хуруљи неруњои байнулмилалї аст ва аз тарафи дигар, ояндаи минтаќа. Ќарор аст дар Мазори Шариф як пойгоњи низомии амрикої эљод шавад. Ба наздикї ин хабар буд, ки Абдурашид Дўстум аз истихрољи нафт дар Форёбу Љузљон норозї аст. Шумо аз пойгоњи низомии Амрико љонибдорї мекунед? - Балх њамеша худ сарнавишташро њал мекард. Аз пулу неруи ягон хориљї як хишт њам насохтааст. Дар вилояти Балх тамоми кор ва сарнавишт дар дасти худи афѓонњо, балхињо аст. Мо ќаблан њам масъулияти худро бар дўш доштем. Ин ки њоло дар дигар вилоятњо масъулиятњоро њукуматњои мањаллї мегиранд, дар Балх ин мушкил вуљуд надорад. Пойгоњњои НАТО дар мо вуљуд доранд, аммо ба ин манзур нест, ки дар умури мо мудохила кунанд. Ин њаќ бо мост. Мешунавем, ки чанд пойгоњи ќавии Амрико дар Балх, Њирот, Њилманд ва Ќандањор њастанд. Ќаблан њам мегуфтем, ки паймони стратегии Афѓонистону Амрикоро ќабул дорем, агар дар он манофеи миллии мо риоят шавад. Аммо њељ гоњ аз пойгоњи низомии доимї дар Афѓонистон њимоят намекунем, зеро намехоњем, ки як давлати танбал буда бошем. Мехоњем, ки давлати тавонманд бошем. Мо зарурат ба пойгоњи доимї надорем.

БО ДОКТОР АБДУЛЛО. НОМЗАД БА РАИСЉУМЊУРЇ. СОЛИ 2009 баррасї мекунед? - Яке ќаноат аст, ки дар ин корњои сатњи поин аст, додуситади калон ва бисёр надорем. Яке, њусни равобит аст. Албатта, аз доштани њусни равобит ќаноат дорем. Равобити хуб вуљуд дорад, содироту воридот ба њадде, ки лозим аст, вуљуд дорад. Баъд аз ин мумкин, ки транзит аз Чину кишварњои дигар тариќи Тољикистон ба Афѓонистону Покис-

сибатњои кишварњоро ќавї кунанд. Аз ин нуќтаи назар њам, ки Тољикистон мехоњад бо кишварњои минтаќа ва фароминтаќа, бавижа Амрикову Аврупо равобити хуб дошта бошад, ин тарњ судманд аст. Албатта, Тољикистон чунин ниятњоро дорад. Аз нуќтаи назари дигар барои њалли мушкил баномањои хуб вуљуд доранд: 1) тамдиди роњи оњан ба оќинае, ки ба Туркманистон васл

ТОЉИКИСТОН ЊАНЎЗ ДЕР НАКАРДААСТ Пойгоњи доимї навњае салби озодї ва истиќлоли Афѓонистон аст. Бояд зарфияти худи афѓонњо боло биравад. Дар бораи даъвои оќои Дўстум. Истихрољи нафт њаќќи давлати марказии Афѓонистон аст ва ин манобеъ аз тамоми мардум аст. Њамон маодине, ки дар ин ё он вилоят аст, аз шахсе, аз вилояте ё ќаряе нест. Ин сарвати миллии мардуми Афѓонистон аст. - Њарфи байни худамонро бигўем. Зиёд аз њамкорињо ва умумиятњои фарњангї миёни Тољикистону Афѓонистон сўњбат мешавад. Аммо дар заминањои иќтисодї чї зарфиятњо њастанд? - Мо як њавзаи бузурги муштараки фарњангї ва тамаддунї њастем. Аз њазорон сол ба ин сў. Афѓонистон, Тољикистон, Эрон, Ўзбакистон, Туркманистон - як њавзаи муштараканд, фарњангу ифтихорот ва гузаштаи муштарак доранд. Њамин гуна дар бахши иќтисод њам мо муштаракот дорем. Аз љумла мисол медињам хатти оњанро. Хати оњан агар тамом шавад Роњи Абрешими гузаштаро эњё мекунад, ки аз њамаи кишварњо мегузарад ва тиљоратро такон медињад. Камбуди мову шумо васл набудан бо роњњои обї аст, аммо роњи оњан ин камбудро аз байн мебарад. Интиќолот, содироту воридот, суръат дар интиќол, тахфиф дар нархи интиќолот дар иќтисод ањамияти бузург дорад. Ба як љумла мегўям, ки ин инќилоби иќтисодиро дар минтаќа ба вуљуд меорад. - Сатњи њамкорињои вилояти Балх бо Афѓонистонро чї гуна

тон сурат гирад. Мо аз њамкориву бародарии имрўз хушбин њастем ва њамчунин аз он, ки барои оянда барномањои хуби рушди равобит дорем. - Дар масъалаи транзит, ки гуфтед, њоло теъдоде аз контейнерњои амвол аз Тољикистон убур мекунанд. Вале онњо њам, тавре мо иттилоъ дорем, дар њудуди Ќирѓизистон мушкил доранд ва њам мушкил ин аст, ки худи ширкатњои афѓонї ба ин бозор ворид нашудаанд. Бозори транзит метавонист ин минтаќаро ба яке аз марказњои бузурги логистикї табдил дињад, мутаассифона, њукумати Тољикистон дар ин масъала таъхир кард ва натиља ин шуд, ки бо назардошти фаъолиятњои шабакаи шимол њукумати Ўзбакистон роњи оњани минтаќаи Амузанг - Ѓалабаро барканд. Ин њол наметавонад Тољикистонро заъиф накунад дар баробари муносибатњо бо Аврупову Амрико. Амрикоињо аз масирњои ин кишвар ба 40 миллион тон амволи логистикї ба Афѓонистон зарурат доштанд ва њам хориљ кардани 100 њазор сарбоз. Тољирони Балх пешнињод карда буданд, ки пули Айвољ Мазори Шариф фаъол шавад. Оё коре шуд? - Инро мехоњам дар ду бахш хулоса кунам. Агар роњи транзитї фаъол бошад, на танњо ба Афѓонистон, балки ба худи Тољикистон њам муфид аст. Иќтисоди Тољикистонро метавонад рушд бидињад. Сиёсати дунёи имрўза ин аст, ки тиљорат ва иќтисод метавонанд муно-

мешавад, таќрибан 200 километр аст ва кашидани хатти роњи оњани Хайратон - Мазори Шариф ба Шерхон Бандар ва Тољикистон. Ин роњ Тољикистонро ба Эрону Халиљи Форс ва Аврупо мепайвандад. Варианти дигар, ќарор аст, ки Чин аз муттакї будан ба як роњу як кишвар барои тамдиди лўлаи газ худро наљот дињад. Мехоњем, ки лўлаи гази дигарро аз Туркманистон ба Мазори Шариф, шањристони Калдор ва Айвољ кашем ва аз он љо ба Чин. Ин лўлаи газ на фаќат ба иќтисоди Афѓонистон ва Тољикистон аз њисоби њаќќи транзит фоида меорад, аз пањлуяш роњ мегузарад ва тавофуќ ин аст, ки мо њам аз гази он истифода кунем. - Њоло ин гуфтушунидњо дар кадом сатњ њастанд? - Тафоњумномааш имзо шуда, мутолиааш љараён дорад. - Гуфтушунидњо сари пули 180 - метрии Айвољ дар кадом сатњанд? - Мо сари эљоди бандар тасмим гирифтаем, аммо дар бораи пул тасмиме нест. - Бо назардошти он ки Шабакаи шимол барои амрикоињо хеле муњим шудааст ва Тољикистон бо Русия сари њузури пойгоњи 201 ба тавофуќ нарасидааст, Шумо эњсос мекунед, ки ба чењраи муњими сиёсатњои минтаќа табдил меёбед ва њатто наќши Шумо то дараљае хоњад буд, ки сарнавишти давлатдории миллиро низ њал хоњед кард? Тољикистон аз сўи Ўзбакистон аз шабакаи шимол ќариб ки берун андохта шуд. Амрико мехоњад аз

2 то 3 миллиард доллар лавозимоти љангиашро дар Осиёи Марказї гузорад. Ўзбакистон аз ОДКБ баромад ва маълум аст, ки ќариб 80 дарсади таљњизоти амрикоињоро ба даст хоњад овард ва дар оянда шояд барои ворид шудан ба НАТО омодагї бинад. Тољикистон дар ин миён хеле аз фурсатњоро аз даст дод. Шумо минњайси яке аз лидерони минтаќа то куљо ин равандњоро тањлил кардаед? - Шимоли Афѓонистон, Балх аз ањамияти геополитикї бархўрдор аст. Њамеша тасмимњое, ки дар Балх гирифта шудаанд, дар Афѓонистон таъсири худро доштанд. Дар мењвари бозињое, ки имрўз ва соли дигар хоњад шуд, Балх љойгоњи худро хоњад дошт. Њам аз назари тиљоратї ва иќтисодї Балх ба яке аз манотиќи озод табдил мешавад ва маркази тиљоратии минтаќа хоњад шуд. Як нуќтаи васл миёни Осиёи Марказї бо Осиёи Љанубиву Уќёнусия ва Халиљи Форс њасту хоњад буд. НАТО бо Покистон мушкил пайдо кард ва бо шимол равобиташ таѓйир хўрд. Ин иртибот мегирифт ба бародарони тољики мо, ки аз ин вазъ истифода мекарданд, бештар медурахшиданд, аз ин мавќеъ истифодаи калон ва азиме сурат мегирифт, чун инњо зарурат доштанд, ки молиёти хубе гиранд ва ќисме аз васоили онњоро аз худ кунанд. Агар Тољикистон метавонист дар пањлуи ин, ки васоили русиро доштанд, технологияи пешрафтаи НАТО-ро медоштанд, ба нафъи Тољикистону мардумаш буд. Ин рабт дорад ба сиёсати хориљии бародарони тољики мо. Аммо њанўз фурсат аз даст нарафтааст. Њоло њам мешавад як сиёсат ва стратегияро пеш гирифт. Пешнињоди мо ин аст, ки ин имкони "тиллої"-ро аз даст надињанд. - Шумо дар масъалаи аз як лидери умумитољикї ба умумиафѓонї табдил шудан дар Афѓонистон кай тасмими нињоии худро хоњед гирифт? - Яке кор кардан дар сатњи Афѓонистон аст, дигаре, сарнавишти Љамъияти исломист ва саввумї, сарнавишти тољикони Афѓонистон. Тољикони Афѓонистон аз фарњанги волое бархўрдоранд. Фарњанги шањрнишинї ва муртакиб ба арзишњои демокративу маданиро доранд. Аз њамин хотир, тољикон њамеша кўшиш мекарданд, ки дар мењвар ќарор гиранд ва бо аќвоми дигар як навъ созиши хубе дошта бошанд, дар пањлуи ин, ки худро бисозанд. Тољиконе, ки дар сатњи мо њастанд, ё мо дар сатњи онњоем, љойгоњи худро дар рањбарии Афѓонистон доранд ва дар тасмимгирињо муассир њастанд. - Устоди мўњтарам, пас аз ша-

њодати Устод Раббонї бархе бар ин андешаанд, ки љойгоњашонро метавонед Шумо пур кунед, яъне лидери тољикони Афѓонистон Шумо метавонед бошед. Худи Шумо чї назар доред? - Ду шахсияти бузурги мо - њам рањбари шањид Устод Раббонї ва њам ќањрамони миллї - Ањмадшоњи Масъуд шахсиятњои нотакрор буданд. Ман наметавонам худро бо онњо баробар кунам, зеро аз пайравони онњо будам. Инњо ќурбонии бузургеанд, ки аз домони Љамъияти исломї, Афѓонистон ва минтаќа гирифта шуд, аз љониби душманони кўрдили мову шумо. Таќозо, бардошт ва пешнињодњое аз ман вуљуд доранд, ки инро мегузорем ба салоњдиди Конгресси Љамъияти исломї ва рањбарони он. Ин Конгресс љамъ меояд ва он љо дар фазои озоду демократї интихоб мекунанд, ки рањбари Љамъият кї бошад. - Яъне то ба њол муайян нашудааст, ки рањбари Љамъияти исломї кї бояд бошад? - Миёни ман ва Салоњуддин Раббонї, писари Устод Раббонї тафоњум вуљуд дорад, ки дар њоли њозир кадом бахшњои фаъолияти Љамъиятро пеш барем ва баъд ба орои озоди мардум мурољиат кунем. - Ин љаласаи Љамъияти исломї кай баргузор мешавад? - То ду - се моњи оянда, иншоаллоњ, сурат хоњад гирифт. - Ќаблан дар замони муќовимат Тољикистон бо Иттињоди Шимол тањти рањбарии Ањмадшоњи Масъуд робитаи хуб дошт. Ин љониб ба ў ва он љониб ба Тољикистон такя мекарданд. Худое накарда, як чунин вазъ пеш ояд, оё Тољикистону мардумаш метавонад ба Шумо эътимод кунад? - Ин рабт мегирад ба наќши як фард, ки чї ќадар тавонмандии мудирияту рањбариятро метавонад дошта бошад. Аввал, мо умедвор њастем, ки вазъият ба гузашта барнагардад ва иншоаллоњ, душманони мо ба он њад нестанд, ки дубора дар Афѓонистон мусаллат шаванд. Баъд аз соли 2014 мо мутмаин њастем, ки зарфиятњои худи афѓонњо боло меравад ва кишварашонро њимоят карда метавонанд. Таањњуде, ки дар Чикаго шуд ва љаласае, ки дар Токио мешавад, ваъдањоеро дар зимн доранд ва хоњанд дошт, ки барои боло бурдани зарфиятњо дар Афѓонистон муассир хоњанд буд. Кўмаки хориљї ва иродаи мардуми Афѓонистон кифоят мекунад, ки мо ќавї шавем. Агар мушкилоте њам пеш оянд, мо дар ин мубориза сањим хоњем буд. Агар тавонмандии мо ин буда бошад, ки мардум аз мо њамкорї хоњанд, дар хизмати онњо мешавем. - Ба назаратон, кай Афѓонистон метавонад худкифо бошад, афѓонњо худ аз ўњдаи идораи давлаташон кай хоњанд баромад? - Соли 2014 неруњои хориљї берун мешаванд ва дар шакли марказњои таълимиву хурд дар кишвар боќї мемонанд. Њукумат мекўшад, ки маодинро истихрољ кунад, то худ харољоти низомиву буљаи оддиву инкишофиро дошта бошад. Фикр мекунам, то соли 2020 мо пурра метавонем, ки худкифо бошем. - Устоди мўњтарам, як суоли сирф шахсї. Аксари афроди ќудратманд, бахусус дар Афѓонистон чанд зан доранд. Шумо чї? - Як зан дорам. Аз ў хеле хуш њастам. Зиндагии хуб дорем. Њељ зарурат ба зани дигар надорам. Ду духтар ва 5 писар дорем. Духтари калониам 19 - сола аст. Писарам нав ба донишгоњ рафт. Баќия њанўз хурданд.


10 №15 (291), 04-уми июли соли

2012

"Нобуд карда шудани тайёраи мо як рўйдоди басо љиддист. Њатто агар њавопаймоњои мо њарими њавоии Сурияро наќз кунанд, ин сабаб намегардад, ки онро сарнагун созанд. Сурия наметавонад амали худро њаќ барорад" ЮНЕСКО аз љомеаи байналмилалї хост то садди роњи харобии дахмањои маќаддас дар Малї шавад. Ин созмони байналмилалї ахиран бењтар аз садњо кишвари мусалмонї ба дифоъи муќаддасоти исломї бархост. Як гурўњ исломтарошон, ки иртиботи мустаќиме ба вањњобият ва таълимоти харобовари он доранд, дар ин кишвари кўчаки мусалмоннишин даст ба тахриби оромгоњњое заданд, ки мардуми ин мањал чун муќаддасот эњтиромашон мекарданд. Онњо ин њамаро аз номи Ислом анљом медоданд ва расидан ба эњсоси миллионњо мардуми ин минтаќа, ки оромгоњњоро аз љумлаи муќаддасоти худ медонистанд, шиори худ карда буданд. То кунун аз њељ кишвари исломї садои эътироз шунида нашуд ва ин ЮНЕСКО буд, ки бонги изтироб зад ва оламиёнро аз наздикшавии боз як нерўи тахрибкор хабар дод. Охири солњои 90 асри гузашта чунин садо аз Афѓонистон ба гўш расида буд. Гурўњи Толибон ёдгорињои буддоро дар вилояти Бомиёни ин кишвар хароб карданд ва бо ин амали худ зидди тамаддуни башар будани худро нишон доданд. Хуб њам шуд, ки онњо шикаст хўрданд ва он ёдгорињои тамаддуни башар тахриб надида, боќї монданд. Дар Бомиён пайкарањои буддо чун мероси тамаддун нигањдорї мешуданд, касе онњоро намепарастид, зеро дар ин манотиќ аз ќаламрави љањон бутпарастон вуљуд надоштанд. Аммо "Толибон"-и бехабар аз тамаддун худро дар як муддати кўтоњ ба Иброњим алайњиссалом монанд карданд, ки бутњои аљдодиро шикаста буд. Пайѓамбари Худо бутњоеро дарњам шикаст, ки чун Худо парастида мешуданд ва фалсафаи ин бутшиканї мардумро аз ибодати бут ба ибодати Худо овардан буд.

Сарнавишти пур аз љанг Малї як кишвари начандон бузург бо њудудан 14 миллион љамъият дар Африќои Ѓарбї буда, бо Сенегал, Мавритания, Алљазоир, Нигер, Кот-д'Ивуар ва Гвинея њаммарз мебошад. Ќисмати Шимолу шарќии он аз љониби Давлати мустаъќили эътирофнашудаи Азавад назорат карда мешавад. Шањрњои бузурги он Бамако (пойтахти кишвар), Сикасо, Мопти, Кутиала, Каес, Сегу мебошад. 22 сентябри соли 1960 истиќлолияти худро дарёфтааст. Таъсири Фаронса ба њадде имрўз њам бузург аст, ки забони расмии давлатии ин

ШАРЊИ ХАБАРИ №1 ШЕВАРДНАДЗЕ дар сўњбат бо "Асавал дасавали" аз он рўйдод ёдовар шуд ва гуфт, дар назди халќи худ гуноњи калоне содир кардааст, ки њукуматро бидуни истињола ба Саакашвили таслим намуд. "Моњи ноябри соли 2003 ман илољи дигаре надоштам, интихоби дигаре њам набуд, ба љуз он ки ба истеъфо равам. Вале њоло ман омодаам њазор маротиба аз мардуми кишвар пузиш хоњам ва тавба кунам". Эдуард Шеварднадзе солњои 1985-1990 сарпарастии Вазорати корњои хориљии Иттињоди Шўравиро ба ўњда дошт. 20 декабри соли 1990 аз минбари Анљумани халќњои Иттињоди Шўравї суханронї намуд ва ба нишони эътироз аз "наздикшавии диктатура дар кишвар" аз маќоми худ истеъфо дод. Худи њамон рўз вай узвияти худ дар њизби коммунистро низ ќатъ кард. Моњи ноябри соли 1991 бо даъвати Горбачёв вай боз вазири корњои

кишвар фаронсавист. Малї тибќи иттилои муаррихон аз ќадимитарин мамолики минтаќа аст ва мегўянд дар ќарни III пеш аз милоди Масењ дар ќаламрави имрўзаи он се империя: Гана (асрњои III-XI), Малї (асрњои XIII-XV), Сонгай (асрњои XV-XVI ) вуљуд дошт, ки аз ќарн ба ќарни дигар њамдигарро иваз кардаанд. Вале он тўли таърихи мављудияти худ борњо аз љониби ќудратњои дигар, њамсоякишварњо ва мамолики дуру наздик истило

ли солњои 1990 сурат гирифт. Моњи апрели соли 1992 интихоботи президентї доир градид ва дар он сарвари Њизби африќоии адолат ва њамрайъї Алфа УМАР пирўз омад. Аввалин коре кард, президенти бар асари табаддулоти њарбї сарнагуншуда Мусо Траоре ва зављаи ўро тамоми умр аз њуќуќи озодї мањрум сохт. Дар интихоботи соли 2002 бошад Амаду Тумане ТУРЕ пирўз омад. 23 майи соли 2006 туарегњо ду

Хатари Ислом бо дасти мусалмон Аз охири моњи гузашта гурўњњои исломї дар Малї ба љони њам даровехтанд ва боз як кишварро дар олами ислом ба хатари ноамнї рў ба рў сохтанд шудааст ва муддатњо зери бори мустамликаи ќудратњои минтаќавиву љањонї мондааст. Миёнањои асри XIX онро Фаронса забт кард, аммо ин кишвар ба осонї вориди Малї нашуд. Муќовимати сарсахтонаи ќабилањо муљиби он гардид, ки Порис аз токтики тафриќаандозї истифода барад. Аввали асри ХХ он аллакай як љумњурии тањти назорати Порис буд ва бо номи Судони фаронсавї ёд мешуд, на ки љумњурии Малї. Вале тўли ин солњо муборизаи истиќлолхоњї даме хомўш намешуд. Билохира соли 1960 Фаронса ногузир шуд, аз ќаламрави он хориљ гардад ва љумњурии соњибистиќлоли Малї дар харитаи олам арзи вуљуд кунад.

Истиќлоли пур аз њаводис Вале чун дар њамаи мамолики тозаистиќлоли Африќої дар ин кишвар низ суботу амният дергоњ барќарор нашуд. Мубориза барои њокимият миёни ќабилањо ба ављи худ расид, вазъи иќтисодии он рў ба таназзул овард, инфраструктурањои саноатї фалаљ шуданд, зиндагии мардум табоњ гардид. Мамлакат гоњ ба дасти низомиён мегузашт ва гоњи дигар ба дасти ѓайринизомиён, гоњ табаддулот сурат мегирифт ва гоњи дигар интихобот аз пирўзии ин ё он гурўњ ово медод. Маъмултарин ва тозатарини ин табаддулотњо сарнагунсозии њокимияти президент Траоре ва сари ќудрат нишастани подполковник Амаду ТУРЕ буд, ки ава-

пойгоњи њарбиро дар марзи Алљазоир ба даст оварданд соли 2007 Амаду Тумани ТУРЕ бори дигар президент интихоб шуд. Ва нињоят 22 марти соли равон шўришчиёни њарбї кохи раёсати љумњуриро забт карданд, бинои телевизиони давлатї ва бунгоњњои њарбиёнро ба даст оварданд, сарвари ин табаддулотгарон капитан Амаду САНОГО эълон шуд. Онњо њамчунин аз сарнагун шудани президент Амаду Тумани ТУРЕ хабар доданд, вазирони кобинаи ў, аз љумла вазири корњои хориљї Сумейл Бубей МАИГАро ба асорат худ дароварданд. Кишварњои њамсоя даст ба амал заданд. Онњо Малиро дар муњосираи иќтисодї гирифтанд, роњњои вуруду хуруљро масдуд сохтанд, равобити дипломатї ва тиљоратии худро расман ќатъ карданд, марзњои худро бастанд. 5 апрели соли 2012 љангиёни мустаъќил бинои консули генералии Алљазоирро ишѓол намуданд ва њафт тан аз кормандони онро рабуданд. Як рўз пас туарегњо бо истифода аз табаддулоти њарбї дар Малї љумњурии соњибистиќлоли Азавадро таъсис доданд. Онњо хилофи иддиоњои дигарон њар гуна иртиботи худро бо гурўњи исломии "Ансорад-дин" ва "Ал-Ќоида" такзиб намуданд ва эълон карданд, ки муборизаи онњо ба хотири Ислом аст, вале бидуни дахолати кадом як нерўи хориљї.

8 апрел соли 2012 баъди он ки хунтаи њарбї эълон кард њокимиятро ба сарвари Маљлиси миллї таслим кардааст, кишварњои узви ЭКОВАС муљозотњои худ алайњи Малиро лаѓв намуданд. Худи њамон рўз президенти сарнагуншуда Амаду Тумани ТУРЕ ба Љабраил БАССОЛЕ, вазири корњои хориљї Буркина-Фасо ва намояндаи расмии ваколатдори ЭКОВАС аризаи истеъфои худро таслим кард. 5 майи соли 2012 нерўњои исломии "Ансор-ад-дин", ки шимоли Малиро ба тасарруфи худ дароварда буданд, шањри Тиббуктуро зери њамла ќарор доданд ва дахмаи Сидии муќаддас (Мањмуд Бен)-ро, ки ЮНЕСКО мероси умумиљањонї эълон карда буд, хароб сохтанд. 21 май њазорњо тан сокинони Малї кохи раёсати љумњурро ишѓол намуданд ва истеъфои презиенти муваќќат Дионкундї Траоре, ки зери фишори љомеаи байналмилалї таъин шуда буд, талаб карданд. 26 май шўришчиёни туарег бо гурўњи "Ансор-ад-дин" муоњадаи сулњ имзо карданд ва хостори муборизаи муштарак љињати таъсиси як давлати фарогири исломї дар ќаламрави Малї шуданд. Аммо барои туарегњоро низоми исломии мавриди назари "Ансор-ад-дин", хостори љомеаи исломии бидуни равияву созмонњои динї ва оинњои дигаранд, мавриди писанд наёмад. Ин буд, ки ду рўз пас аз имзои муоњада онро лаѓв намуд. Аммо 27 июн гурўњи исломии

Тавбаи гурљї: аз филм то воќеъият Аз миёни хабарњои аввали њафтаи љорї хабари пўзиш хостани Эдуард ШВЕРНАДЗЕ, президенти собиќи Гурљистон ва яке аз чењрањои маъруфи сиёсии собиќ Шўравї аз сокинони кишвараш мароќангез буд. Вай мегуфт супурдани њукумат ба Михаил СААКАШВИЛЇ иштибоњ буд ва барои ин љурме, ки 9 сол пеш содир кардааст, аз сокинони кишвар бахшиш мепурсад. Ин хабарро истинодан ба рўзномаи тифлисии "Асавал дасавали" ИТАР-ТАСС, Интерфакс ва хабаргузорињои мўътабари дигар наќл карданд.

хориљї таъин гардид, вале ин бор њамагї як моњ. Баъди он худи Шўравї аз њам пош хўрд ва ў аввалин шахсе буд, ки муоњадаи Беловежро пазируфт. Мањз њамин созишнома Иттињоди Шўравиро пароканда эълон намуд. Баъди ин вай ба Гурљистон омад ва табаддулоти давлатиро роњбарї кард, ки њукумати Звиад ГАМСАХУРДИЯро сарнагун сохт. Вале соли 2003 нерўњои дигар худи ўро водор ба истеъфо карданд. Хабари пузиш хостани Швернадзе, ки њамакнун њаштодучорумин бањори умффффри худро пушти сар мегузорад, ба ёди ин љониб филми гурљии "Тавба"-ро овард, ки

хеле пештар аз оѓози бозсозии горбачёвї рўи кор омада, дар жанр ва тасвири њодисоту мавзўъи интихобшуда нотакрор буд. Филмро муддате намоиш надоданд, танњо баъди солњои 1985, ки кишварро мављи бозсозї дар оѓўш гирифт, иљозаи пахш дарёфт намуд. Коргардон Тенгиз АБДУЛЛАДЗЕ манзараро ин гуна рўи навор оварда буд: Дар Гурљистон доњии мањаллї ва яке аз сарватмандтарин инсони замон Варлам АРАВИДЗЕро, ки аз олам гузашта буд, ба хок месупоранд. Аммо субњи рўзи дигар љасади ўро дар назди манзили писараш Авел мебинанд. Ўро боз мегўронанд, субњи дигар њодиса

такрор мешавад. Њамин тавр чанд рўз Варлам ба хок супурда мешавад ва чанд субњ ўро берун аз гўр пайдо мекунанд. Билохира, назорат мекунанд ва Кетеван БАРАТЕЛЇ сари содир намудани амали дигарбораи берун овардани љасад боздошт мешавад. Ва ў дар додгоњ наќл мекунад, ки Варлам чї мусибатеро ба сари хонаводаи онњо оварда буд. Кетеван он замон њамагї њашт сол дошт, ки доњии мањаллї падари рассом, модараш Нино ва худи ўро дар сар то сари олам саргардон карда буд. Аммо ин наќл барои судя чандон мароќовар нест, зеро баъди марги Варлам њокимияти шањр ба дасти

"Љунбиш барои ягонагї ва љињод дар Африќои Ѓарбї" шањри Гаоро, ки туарегњои Азавад тањти назорат доштанд, ба даст оварданд.

Бадтарин аъмоли мусалмон тахриби ќабри мусалмон аст Замоне Толибон бадтарин намунаи Исломи асри миёнаро ба намоиш гузоштанд. Олам муддате ба ин оини пок аз пасманзараи тафаккури Толиб нигарист ва шояд шикасти онњо бори санги маломтро аз шонањои Ислому муслимин дур андохт. Тахриби ќабри бузургворе шеваи дигари сияњсозии чењраи Ислом аст, ки бо дастони худи мусалмонон амалї мешавад. Замоне ба ин гуна амалњои нохушоянд вањњобиёни Арабистони Саудї даст заданд. Њатто дар сари роњи Маккаву Мадина дањњо амокини муќаддасро, ки мардум агар њам, ки намепарастиданд, вале ба он эњтиром доштанд, барканданд. Ин амокин ќадамгоњи Пайѓамбари гиромї (с) буд. Дуруст, ки бояд љуз Худо чизе парастиш нашавад, вале ин ќалби мусалмон аст, ки ќадамгоњи пайѓамбарашро њам барои худ аз љумлаи муќаддасот медонад ва ба он эњтиромона муносибат мекунад. Агар дар Малї гурўњ "Ансор-аддин" пирўз ояд ва он низомеро љорї созад, ки оромгоњњо ва муќаддасоти мардумро валангор намояд, пас киро ёрои он хоњад буд, ки иддиои бунёди љомеаи исломї кунад? Оё ин созмон ба љараёни салафия рабте дорад, зеро мањз пайравони он муќаддасотро намепазиранд? Агар ин гурўњ сари ќудрат ояд, оё дар љањон шахсе хоњад монд, ки ќасд кунад худро дар оѓўши Ислом андозад? Фирўз МУЊАММАД

писари ў гузаштааст. Пас додгоњ чї гуна метавонад њукм содир кунад? Дар њамин айём њама бори гуноњи доњиро набераи ў бар дўш мегирад. Вай мехоњад озодонаву њалол бимирад, то ин ки баъди маргаш касе љасади ўро аз гур берун наёрад. Эдуард ШВЕРНАДЗЕ, бо вуљуди он ки шахсияти маъруфе дар гузашта буд, чун њамаи сиёсатмадорон иштибоњоти зиёде кардааст. Вале танњо ба як иштибоњаш иќрор аст, ки то њадде бўи афсўсу пушаймонї аз њокимияти рафта дорад. Гумон мекунад ў бењтар аз Саакашвилї буд. Аммо шояд садњову њазорњо Кетеванњо дар замони салтанати ў бехонаву дар шуданд, ки аз онњо низ бояд пузиш хоњад. Зеро ањди Швернадзе нооромтарин давраи Гурљистон баъди истиќлолияти кишвар буд. Бо вуљуди ин Швернадзе мардонавор ба љурмаш иќрор шуд. Дигарон чї?

Насрулло НИЁЗЇ


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

11

Нињоят суди ноњияи Малоярославскии вилояти Калуга Биковро ба сўистифода аз вазифа ва беасос латукўб кардани шањрванди Тољикистон муттањам донист. Ў Сўњроб ном дорад. Аниќтараш, Сўњроб Шарипов. На, ў на Сўњроб Шарипови депутат ва сиёсатмадори шуљоъ аст, ки дар љаласоти њукуматї вазирону кабиронро зери тозиёнаи танќид мегираду бетарсу беибо, вале мунсифона камбудиву норасоињояшонро ошкор месозад ва ў он Сўњроби афсонавї аз Шоњномаи Пири тусї њам нест, ки ваќте савори саманди бодпо мерасид, душманони нажоду миллат аз дами шамшераш рў ба гурез менињоданд ва... Њамагї як љавони одии тољик аст. Аз дигар њамсолони худ фарќе надорад. Агар дар хиёбон ўро медидам, шояд, аз канораш мисли дањњо роњгузари дигар убур мекардам ва коре ба ў надоштам. Вале корномаи ўро шунидам, ки дар ин даврони пурмољарову пуртазоди мо, ки аз одамгариву инсондўстї, ватандориву ватанхоњї, мутаассифона, ќариб, ки номе бештар намонда, бароям њамчун як хоњар ва як њамватани ў бисёр муњим буду боиси ифтихор, ўро љустаму пайдо кардам. Тафсилоти корномаи Сўњроби мо ин аст: Ў соле ќабл писари худ, Мунирро, ки он ваќт 9-сола буд ва шарафи ќањрамонии кишвари худро оид ба шоњмот ба даст овардаву бо сари афрохта љињати ширкат дар Чемпионати байналмиллї ба Русия рафта буд, њамроњї мекард. Сўњроб мегўяд: "Дар вилояти Калугаи Русия будам ва рўзе дар истгоњи роњи оњан дидам, ки яке аз њамватанони маро пулис боздошт карда, хеле даѓалона аз ў шиноснома пурсид. Аз шеваи муносибати онњо баръало рўшан буд, ки дар њуљљатњои ин муњољир мушкиле нест ва онњо аз ў ришва талаб доранд. Ман њарчанд пайи кори муњиме шитоб доштам, вале аз роњ баргаштаму рафтам назди онњо ва хоњиш кардам, ки њамватани маро азоб надињанд ва модоме ки ишколе дар њуљљатњояш ва будубошаш нест, љавобаш дињанд. Ин рафтори маро шаттоњї дониста, яке аз кормандони пулис њаќоратам дод ва киноя зад: "Ин тољикњои беномусу бесоњиб, соњибдор шудаанд магар?" - гуфта, маро тарсонданї шуданд, ки агар мехоњам сарамро ба бало намонам, зудтар аз он љо дафъ шавам. Вале ман аз райъам нагаштам. Њамдиёри маро, ки ному насабаш Неъмат Саъдуллоев будааст, бо њамон шеваи шадиду даѓалона ба шўъбаи пулис бурданд. Ман њам њамроњашон рафтам. Дар шўъбаи пулис Неъматро шиканља карданї шуданд, то пора дињад. Њамин ваќт пулиси тануманде, ки Евгений Биков ном дошт, дид, ки ман шадидан дахолат карда истодам, маро ба он њуљрае, ки њамватанамро дароварда буданд, тела дод. Аввал шиносномаамро дид, ки шањрвандии Русияро дорам ва бо забони русї хуб њарф мезанам, писханд зада гуфт: "Ин љо зиндагиву кор мекунї, шањрвандї дорї, шояд, бо бењтарин хонумњои рус њамхоба мешавию ба љойи ташаккур аз њамшањрињои овораву бесоњиб ва пойлучат пуштибонї мекунї?". Инро гуфту бо шиноснома чандто ба рўям зада, баъдан, ба паси гарданам як шаллоќи сахт зад. Ман паст наомадам ва ќатъиян талаб кардам, ки њамватани маро, ки бе ягон асос боздошт кардаед, љавоб дињед! Ин сахтсарии ман боис шуд, ки боз як зарбаи сахти дигар ба танам хўрдам ва ману њамватанам Саъдулоевро аз шўъбаи пулис ронданд. Ман аз он љо рост ба прокуратура рафтам ва аз болои кормандони ришвахўри рус аризаи шикоятї навиштам..." Сўњроби мо 36 сол дорад. Оиладор, соњиби 3 фарзанди фарзона

Ќањрамони даврони мо Њаќталошињои як тољик дар дифои худу њамватанони муњољир дар Русия аст. Донишгоњи технологии Тољикистонро бо бањои аъло хатм кардаву ихтисосаш иктисодчї аст. Агарчи тўфони шадиди нобасомонињои кишвараш чун бекорї ва маоши ночиз ўро низ мисли садњо њамватанон ба кўи муњољират андохт, вале бинобар доштани донишу малакаи корї ва забондониву огоњї аз њуќуќњои худ, тавонист дар зиндагї муваффаќ ва бениёз бошад. Ў он рўз метавонист мисли чандин нафари дигар он њодисаи боздошти як тољикро аз дур истода мушоњида кунад ва ё аз бало њазар гуфта, роњашро идома дињад, вале чунин накард. Сўњроб мегўяд, он лањза заррае њам ба гўшаи хотираш наомадааст, ки ин рафтори ў метавонад машњураш созад ва ё ин амали ў њамчун корномаи ќањрамонї сари забонњо гардад. Он лањза ўро андешањои дигар ба чунин як корнома њидоят карда буданд: чаро тољиконро, мањз њамватанони ўро, чунин тањќир ва баэњтиромї мекунанду паст мезананд? Чаро "чурка" ва ё "обезяна"ашон меноманд? Чаро чунин лаќабњои тањќиромезтаринро барояшон ёфтаву бофтаанд? Ва боз чандин чароњои дигар... Њарчанд маќомоти ќудратии Русия њама кўшишњо ва талошњоро кард, то ин њамватани бадкори худро аз муљозот рањо кунанд, вале шањодати шоњидони айнї, хусусан, Саъдуллоев, ки латукўби Сўњроб дар њузураш сурат гирифта буд ва чандин далелу бурњони радношудании дигар онњоро маљбур кард, ки њукми одилона бароранд. Ин буд, ки прокуратура баъди тафтиш Евгений Биковро гунањкор дониста, парвандаашро ба додгоњ ирсол намуд. Додгоњ 6 моњи дигар, яъне аз моњи августи соли 2011 то 13 феврали соли 2012 баррасии парвандаи Биковро ба дарозо кашид, то Сўњроби мо хаста шудаву ба љон расида, аз даъвои худ даст кашад. Вале ў чунин накард. То охир истодагарї ва њаќталошї намуд. Нињоят суди ноњияи Малоярославскии вилояти Калуга Биковро ба сўистифода аз вазифа ва беасос латукўб кардани шањрванди Тољикистон Сўњроб Шарипов муттањам донист. Аз њукмномаи суди ноњияи Малоярославскии вилояти Калуга: "Признать Быкова Евгения Геннадиевича виновным в совершении преступления, предусмотренного частью 3, ст. 286 УК РФ и назначить ему наказание в виде 4-х лет ришения свободы с лишением права занимать должности, связанные с оперативно-розыскной деятельностью в правоохранительных органах сроком на 2 года..." Ура, ура, урааа!!! Оре, ваќте ин сатрњоро аз ќарори суд хондам, њамин буд њосили њолати онлањзаинаам ва шодиву суруре, ки дар синаам туѓён дошт, бо њамин шева берун рехт. Ва Сўњробро хоњарвор барои ин пирўзї ба оѓўш гирифтаву мисли ќањрамони даврони худ бўсидам ва ашки шодї рехтам. Шояд, касоне њам дар миёни афроди ин матлабро мехонда пайдо шаванд, ки бо тамасхур гўянд: "Заб чизе будааст!" Маълуматон бод, ки имрўзњо дањњо тољикро дар Русия зери шаттаву шаллоќ ќарор медињанд ва садњо нафар муњољирони дигар дар мањбасњо нигањдорї шудаву дањњои дигарро њамчун ѓулом бемузду маош кордењони рус кор мефармоянд дар он кишвари бегона. Ва моње нест, ки 20-30 то-

бути муњољирони кории тољик савори њавопаймо вориди кишвар нашаванду дањњо модарони тољикро синачок накунанд. Оё чаро модарони ѓамзадаи тољик дар мотами љигаргўшањояшон фарёд намекашанд, ки: " Оњ, хонаат сўзад, миллатгаро! Чї хел дилат шуд, ки бачаи ягона ва нозанини маро куштї?! Илоњо вайронат кунад Русия, ки бачахўрак шудї барои модарони тољик !!! Таассуф, ки "аз мост, ки бар мост!" Оё хонандаи арљманд боре андешида бошад, ки агар мо, тољикон дар сарзамини худ соњиб медоштему аз љумла, садњо љавонони армонношикастаро барои љурму гуноњи дигарон ва бетаъхир иљро шудани наќшаи корї ва гирифтани рутбањои баланд дар маќомоти додгоњї ѓайриќонунї говсуд кардаву пушти панљарањои зиндон намешинондем ва орзуњояшонро дар ќалбњояшон намекуштем, садњо љавони соњибкасб дар ватани худ бекору овора гаштаву афроди бењунару камсавод сари кору мансабњои баланд намеомаданд, магар дар хориљ бе-

соњиб ва пойлучамон ном мебурданд? Агар барои њар тољики ба дасти пулиси рус бегуноњу беасос афтода ва шиканљадида 10 Сўњроби дигар бармехост, агар барои њар љасади бесари аз љангалњо ёфтшудаи тољикписарон намояндагињои аршади мо дар Русия яктан шуда, бармехостанду њаќталошї мекарданд, то омилони њар ќатлу куштор боздошту муљозот шаванд, магар њамватанони моро "чурка" ё "обезяна" мегуфтанд??? На! Сўњроби мо орзу дорад, ки тољики ўро дар кишври Русия ва умуман, дар тамоми дунё бо фарњанги баланд, таърихи пурѓановат ва лафзи ширину русуми бењамтояш шиносанд ва эњтиромаш кунанд. Бале, ин орзуи на танњо Сўњроб Шарипов - ќањрамони даврон ва ќиссаи имрўзии мо нест, балки орзуи њар тољики худшинос аст. Вале оё ин орзу иљрошуданї њаст? Хоса, ваќте ки тољике гурўњи њамватанонашро њамчун кордењ ба Русия даъват мекунад, кор мефаромояд ва ваќте ки соати њисобу

маош мерасад, онњоро, ба таъбири маъмули муњољирон, "кидат" мекунад, метавон ба ин орзу расид? Сўњроби мо танњої мекашад дар корзори нангу ори миллї ва ватандориву худшиносї. Ваќте аз минбарњои баланд афроде доди ватанхоњї мезананд ва чанд њарфи аз китобњо азбаркарда барои орият ва худнамої даст ба сина задаву гулў медаронанд, Сўњроби танњои моро барои талошњояш дар роњи наљот додани як њамватан шаллоќ мезананду њаќорат медињанд... Њама доди ватанхоњї зананд, аммо намедонам, Ватанхоњї ба гуфтор аст ё кирдор, ё њар ду? Сафаргул ОЛИМЇ


12 №15 (291), 04-уми июли соли

2012

Марде, ки худро собиќ сокини дењаи Зиракии ноњияи Кўлоб муаррифї кард, ќабл аз тарки ноњияи ба номи Носири Хусрав гуфт, " Заминро бин, аз зиёд будани шўра сиёњ шудааст. Аз соли 2000 - ум инљониб кўчонидани муњољирони экологї ва ихтиёрї аз шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон, ноњияњои тобеи љумњурї, шањру ноњияњои вилояти Суѓд ба ноњияњои ба номи Носири Хусрав, Шањритус, Кубодиён, Ќумсангир ва Панљ идома дорад. Мутаассифона, солњо мегузаранд, вале њељ нест, ки дар ноњияи ба номи Носири Хусрав, ки беш аз 200 гектар замине, ки барои бунёди манзили истиќоматии муњољирони ихтиёрї људо гаштааст, пурра мавриди истифода ќарор бигиранд. Хотиррасон мешавем, ки аввали солњои 2000-ум ба ноњияи ба номи Носири Хусрав, асосан љамоати "Фирўза", муњољирони зиёде аз шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб, ноњияи Роштќаълаи вилояти Бадахшон кўч баста буданд. Онњо баъди љо ба љо шудан, таъмин гаштанашон бо оби ошомиданї, бо хонањои истиќоматї ва каму беш бо асбобу анљоми рўзгор тариќи васоити ахбори умум аз њукумати љумњурї, вилоят ва мањаллї барои ѓамхориашон изњори сипос намудаанд. Онњо самимона иброз доштанд, ки њамаи гўшаю канори Тољикистон барояшон Ватан њаст ва ин гўшаи харобгаштаи Ватанро обод мекунанд. Баъди як сол, дар фасли гармои сол аз љамоати "Фирўза" дидан доштем. Ањволи муњољирони экологии ноњияи Роштќаъла бенињоят бад буд. Ба муњољирони экологї ва ихтиёрї, хољагони оби ноњия, аз Чилучорчашма баъди 10-18 рўзи интизорї оби ошомиданї медоданд.

Тољиконро ба водињо баргардонед!

Пўшида нест, шахсе, ки аз љои салќин ба мавзеи тафсон кўчидааст, солњои аввали истиќомат душворињои зиёдеро паси сар мекунад. Муњољирони экологии ноњияи Роштќалъа, ки аз кўмакњои сариваќтї ва ройгони тиббї бархурдор набуданд, баъди фавтидани якчанд пиру барно тарки ноњияи Носири Хусравро намуданд. Баъди рафтани муњољирони роштќалъагї ва ќисме аз муњољирони шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб, масъулин танњо помирињоро пеши назар оварда мегўянд, ки

онњо дар шароити гарм зиндагї карда наметавонанд. Аљоиб, тољик дар Сибир зиндагї мекардаасту тоќати зиндагї ва фаъолият карданро дар ноњияњои гарми Ватанаш надоштааст!? Ба андешаи коршиносон муњољирон дар ноњияи ба номи Носири Хусрав ва дилхоњ ноњияњои минтаќаи Ќўрѓонтеппаи вилояти Хатлон дар сурати таъмини онњо бо шароити хуби зиндагї ва бархурдор гаштанашон аз имтизњои њукуматї дар якчанд соли аввал, имкони муќими шуданро доранд.

Мутаассифона, дар ноњияе, ки бозор арзи њастї надорад, ба мисли ноњияи Носири Хусрав, њукумат маблаѓњо барои овардани муњољирон људо карда, сипас кўчонидани муњољирони ихтиёриро наќшабандї мекунад?! Чунин нодидагирї буд, ки аз соли 2000 то ба имрўз ќариб 300 оилаи ба ноњияи ба номи Носири Хусрав кўч баста, аз Бадахшону аз шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб ба љои зиндагии аввалаашон бозпас шудаанд. Марде, ки худро собиќ сокини дењаи Зиракии ноњияи Кўлоб муаррифї кард, ќабл аз тарки ноњияи ба номи Носири Хусрав гуфт, " Заминро бин, аз зиёд будани шўра сиёњ шудааст. Техника оварда зањбуру зањкашњоро тоза накунанд, њосил он тараф истад, шўра ба саломатии инсонњо зарар мерасонад". Чанд сол ќабл бонуе аз ноњияи Ќубодиён шикоят кард, ки аз набудани мактаби тољикї фарзандонаш дар хонаи хешовандонаш дар шањри Душанбе зиндагї ва тањсил мекунанд. Дар ноњияњои ба номи Носири Хусрав, Шањритус, Ќубодиён ва Љиликўл дар ќисме аз мактабњои узбакї муаллимони забони давлатї намерасанд ва агар бошанд њам мутахассис нестанд. Дар яке аз ни-

шастњои матбуоти собиќ раиси ноњияи Шањритус Холмурод Рањмонов хабар дод, ки барои омўзиши забони давлатї дар синфњои узбакї якчанд муаллимањои помириро ба кор даъват кардааст… Ба андешаи шахсии банда, аз ноњияњои кўњистони Кўлоб, Бадахшон, ноњияњои тобеъи љумњурї ва вилояти Суѓд кўчонидани ањолї, мањз тољикзабонњо ба ноњияњои ба номи Носири Хусрав, Шањритус, Љиликул, Ќумсангир, Љиликул ва Вахш шарт ва зарур аст. Аз кўчонидани ањолї ва таъмини муњољирон бо шароитњои зарурї аз буљаи љумњурї, дар ќатори таблиѓи забони давлатї имкони истифодаи самаранок аз заминњои бекорхобида, фароњам омада, сатњи зиндагии мардум бењтар мешавад. Тибќи нишондодњо, доштани 12 сотих замини обї дар дилхоњ ноњияњои минтаќаи Ќўрѓонтеппа, њосилнокї ва фоидаовариаш аз 25-30 сотих замин дар ноњияњои кўњистони кишвар бештар аст. Аз њама муњимаш мардуми кўњистони ноњияњои мухталифи кишвар онњое њастанд, ки замоне аз ноадолатињои таърих ба кўњистон кўч баста, болои кўњу кўњпорањо ќарор гирифтаанд, ки то ба имрўз натавонистаанд зиндагии шоистаеро дошта бошанд. Кўчонидани мардум аз заминњои шўх, ки дар як сол то 14 сентнерї ѓалла мерўёнанд ба водии Вахш роњест, ки мардум бо шарофати соњибистиќлолии кишвар, истиќлолияти озуќавориро пурра ба даст меоранд. Давлати ШОЊЭЪТИБОР


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

13

Аљаб ин аст, ки на донишгоњ ва на Вањњоб Набиев бо нашриёти «Шарќи озод» шартномаи њамкорї надоранд, пас чї зарурияти таъна задани нашриёт аст?

“Тољикон барои кор мељанганд” Посухи Хадамоти муњољирати Тољикистон ба маќолаи Њарамгули Ќодир, “Љанги тољикон дар Русия” (“Нигоњ” аз 30 майи соли 2012, тањти № 10) Мўњтарам Њарамгули Ќодир, Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маќолаи Шуморо мавриди омўзиш ва иљро ќарор дода, чунин иттилоъ медињад: Ба намояндагии Хадамоти муњољират дар Федератсияи Россия бо мактуб аз 12 июни соли 2012 № 2/6768 супориш дода шуд, ки масъалаи боло зикрро чораљўї намуда, ахборот манзур намояд. Дар натиљаи санљиши масъулини Намояндагї маълум гардид, ки яке аз сабабњои чунин њодисањо пеш аз њама ин барњам хўрдани Маркази тиљоратии савдои “Черкизон”-и шањри Москва мебошад, ки ќариб 13-14 њазор нафар аз минтаќањои гуногуни Тољикистон буда, дар он љо фаъолияти мењнатї (тиљоратї) дошта��д. Пас аз кушодани ду Маркази тиљоратї дар шањри Москва, яке бо номи “Люблино” ва дигаре “Садовод” њамаи муњољирони бозори “Черкиз” дар ин марказњо бо кор таъмин шуда натавонистанд. Аз ин сабаб ќисман шањрвандони тољик ба гурўњњои љиної ба дуздию роњзанї дохил шуда, аз њамватанони худ њаќќи худро талаб менамуданд. Яке аз омилњои асосии муноќиша байни шањрвандони тољик, ин ба даст овардани нуќтањои кори

фоиданок дар марказњои тиљоратии навташкилшудаи “Люблино”, “Садовод”, “Сирен”, “Балашиха” ва дигар нуќтањо мебошад. Муноќишаи дигари тољикон байни худ ин пайдо кардани мавќеи њудудї дар нуќтањои мусофиркашонї (такси) бо мошинњои шахсии худ мебошад. Онњо дар ин нуќтањо танњо шахсонеро, ки аз ноњияњои худашон мебошанд, роњ медоданд, на мардуми дигар мањалро. Метавон гуфт, ки рўзи 21 майи соли 2012 дар кўчаи 9-ум Парки метрои Шёлковский, ноњияи Измайлово муноќишаи байни шањрвандони тољик ба вуќўъ омад, ки онњо дар ин минтаќа

Сухан дониста гў… ё айб дар ош аст ё дар мош? Посухи директори нашриёти «Шарќи Озод» ба маќолаи Афзал Босолиев, «Ќањтї» - и диплом» («Нигоњ», № 8, 16. 05. 2012)

Дар матлаб омада, ки сабаби асосии сари ваќт ба донишљўён надодани дипломи хатми донишгоњ гўё нашриёти «Шарќи озод» бошад. Ректори Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи Бобољон Ѓафуров Вањњоб Набиев (собиќ ректор – Идора) сабаби сариваќтии дастрас нашудани дипломњоро ба нашриёти давлатии «Шарќи озод» марбут донистааст. Ва чунин гуфтањоро такрори ба такрор назди хатмгарон оварда… Инсоф ба худи эшон аст. Дипломњои чопгашта барои макотиби олиро вазорати маориф мефармояд ва онњоро вазорат ба донишгоњу донишкадањо мувофиќи талабот – наќша таќсим мекунад. Ба кори таќсимгарї, каму беш додани диплом ба ин ва ё он донишгоњ нашриёт сару кор надорад. Нашриёт танњо иљрогар аст ва тамоми дастуру фармоиши вазорати маорифро солњост, ки бетаъхир ва дар мўњлати муайян ба сомон мерасонад. Аљаб ин аст, ки на донишгоњ ва на Вањњоб Набиев, бо нашриёти «Шарќи озод» шартномаи њамкорї надоранд, пас чї зарурияти таъна задани нашриёт аст? Тибќи дастури вазорат ш-12-с, 17.-2 дар соли 2011 нашриёти «Ша-

рќи озод» дипломи тањсилоти касбї (ДТК) – 12000, дипломи тањсилоти олї (ДТО) – 200000 ва дипломи тањсилоти олї – аъло (ДОА) – 1000 д. тайёр карда, бе каму кост ба фармоишгар супоридааст. Аз ин рў, хушоянд мебуд, ки ректори мўњтарам, ба гуфти мардум, «суханро дониста мегуфт». Ба чї роњ, ба кї, дар кадом мўњлат ва кай додани диплом ин ба нашриёт алоќамандї надорад. Ректори мўњтарам камбудии худро бояд ба нашриёт алоќаманд намекард. Инсоф бењтарин амали хуб аст ва онро бояд њар як роњбар сармашќи кори худ ќарор дињад. Айб дар ош аст ё дар мош? Ин муамморо танњо вазири мўњтарами вазорати маорифи љумњурї метавонад доварї кунад. Боќї, ба хонандаи азиз ва идораи рўзнома бо итминони комил гуфтанием, ки дар таърихи иљрои фармоиши истењсолии њамагуна дипломњои макотиби олї мо – кормандони нашриёти «Шарќи озод» то ба њамин маврид (майи 2012) сабабгор нестем. Ќазоват шуморост. Ёќуб ИСМОИЛОВ, директори нашриёти «Шарќи озод»

ба мусофиркашонї (таксї) машѓул буданд. Дар мавзеи номбурда асосан шањрвандони тољик, хусусан аз ноњияи Файзобод дар кори мусофиркашї даст доштанд ва намехостанд, ки аз дигар мањалњои Тољикистон њамроњи онњо кор кунанд. Асли њодиса чунин шурўъ мешавад, ки Алиљон ном шањрванди тољик, соли таваллудаш 1991, зодаи шањри Душанбе ба кўчаи номбурда ба маќсади таксичї шуда кор кардан ба назди њамватанони худ, ки аз ноњияи Файзобод буданд, омад, вале онњо ўро ќабул кардан нахостанд ва ба ў фањмониданд, ки дар ин кўча фаќат худи мо кор мекунем. Алиљон ба маслињати онњо гўш надода, ба кори мусофиркашонї дар он мавзеъ шурўъ намуд. Дар ин лањза бачањои Файзобод норозигї намуда, хостанд, ки ўро аз ин мањал пеш кунанд. Дар натиља байни онњо љангу љанљол шуда, њамакаса Алиљонро латукўб карда, аз он љо пеш карданд. Алиљон барои ин ќасдро аз онњо гирифтан ба назди рафиќаш Њувайдо (номи аслиаш Мирзоев Љовид) ном шахс, зодаи ноњияи Ванљ меояд ва аз њолати ба вуќўъ омада, ба ў наќл намуда ёрї мепурсад. Баъдан, Њувайдо бо њамзодагони худ аз ноњияи Ванљ, зиёда аз 10-15 нафар ба љои мусофиркашонии бачањои

Љињати иљрои Фармони президенти Љумњурии Тољикистон аз 7 феврали соли 2009, тањти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма» маќолаи шањрванд Наибамоњ М. бо номи «Мехоњам модарам зиндонї шавад», ки вобаста ба норозї будан бо ќарори суди ноњияи Дарвози Вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон ба нашр расидааст, мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар натиља муайян гардид, ки парвандаи љиноятї нисбати Мансурова Т.М. бо моддањои 164, 174, 117 ќ. 2 бандњои «в, д, ж, з», 11 ќ. 2 бандњои «б, в, г, е», 120, 127 ќ. 1, 131 ќ. 2 бандњои «а, д», 135 ќ. 1 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, Умедљони А. бо моддањои 117 ќ.2 бандњои «в, д, ж, з», 11 ќ. 2 бандњои «б, в, г, е», 131 ќ. 2 бандњои «а, д» Кодекси мазкур санаи 12 марти соли 2009 ба суди ноњияи Дарвоз ворид гардида, онро раиси суд Њинатуллоев А. баррасї намуда, бо таъинот аз 10 апрели соли 2009 бинобар сабаби нопурра буданаш ба тафтишоти иловагї баргардонида шудааст. Парванда такроран 16 июни соли 2009 ба суд пешнињод гардида, рўзи 24 июни соли 2009 баррасї шуда,

Файзобод омада, байни њамдигар задухўрди сахт менамоянд, ки дар ин задухўрд Љањонгир низ иштирок дошта будааст. Дар натиља Шарипов Љањонгир, зодаи ноњияи Файзобод ва чанд тан аз шариконаш љароњати вазнин бардошта, дар беморхона бистарї мешаванд. Кормандони Намояндагї пас аз хабардор шудан аз ин њодиса ба љои воќеа њозир мешаванд. Инчунин бо расидани кормандони полис низ аллакай њамаи шањрвандони тољик, ки дар ин њодиса иштирок доштанд, гурехта буданд. Кормандони полис баъзе шањрвандони тољикро, ки дар њодиса иштирок надоштанд, дастгир намуда, ба шўъбаи полиси раќами 125 – и ноњияи Шимоли Измайлово бурда, аз болои онњо маводи (протоколи) маъмурї тартиб дода, барои ихрољ намудан аз ќаламрави ФР омода менамоянд. Бо дахолати худ, Намояндагї чанд шањрвандеро, ки њуљљати дурусти расмї доштанд, аз шўъбаи полис озод намуд. Аммо яке аз шањрванди тољик Аминов Зокирљон Азамљонович, истиќоматкунандаи шањри Душанбе, кўчаи Р. Набиев, хонаи 258, утоќи 3, ки дар он минтаќа таксичї шуда кор мекард, кормандони полис ба дуруст будани њуљљатњояш нигоњ накарда, ќасдан маводи

маъмурї тартиб дода, бо ќарори суди ноњияи Измайлово 2000 рубл љаима ситонида, аз ќаламрави ФР ихрољ намуданд. Намояндагї аз номи шањрванди номбурда ба воситаи њуќуќшиноси ташкилоти “Миграция и закон” шикояти касатсионї дар суди шањрии шањри Москва навишт. Дар натиља бо далелњои исботшуда љињати ќонунї будани буду боши Аминов З.А, дар таърихи 14. 06. 2012 Суди шањрии ш. Москва ќарори суди ноњияи Измайловоро вобаста ба ѓайриќонунї ихрољ намудани шањрванд Аминов З.А. бекор намуд. Айни њол љабрдидагон шифо ёфта, ба Тољикистон баргаштаанд. Намояндагї барои бартараф намудани муноќишањои байни тољикони мањалњои мухталифи љумњурї дар шањри Москва як ќатор чорањои зарурї андешида, бо роњбарони гурўњњои муњољирони мењнатї, ањли зиёиёни тољикон, шахсони эътирофшудаи мањаллу ноњияњои кишварамон вохўрињо гузаронида истодааст. Пешвоёни ноњияњо аз љумла раисони ташкилотњо ваъда намуданд, ки чунин камбудињоро дар байни љавонон бартараф намуда, ѓояњои њамдигарфањмї, дўстиву бародарї ва вањдати ягонаи миллиро тањким мебахшанд. Намояндагї њамаи ахборњоро оид ба муноќишањои байни тољикон дар ќаламрави ФР ба таври муфассал дар сайти Намояндагї пурра дарљ намудааст. Саидѓуфрон АБДУЛЛО, муовини сардори Хадамоти муњољирати Тољикистон

«Парванда то авф рафт» Посухи муовини раиси ноњияи Дарвоз ба маќолаи «Мехоњам модарам зиндонї шавад» («Нигоњ», 2 майи соли 2012, № 6 (282)

бо назардошти иљро накардани талаботњои таъиноти суд аз 10 апрели соли 2009 боз ба тафтишоти иловагї ирсол гардидааст. Прокуратураи ноњияи Дарвоз аз болои таъиноти мазкур ба суди Вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон эътироз оварда, онро коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятї 16 июли соли 2009 баррасї ва рад намуда, таъинотро бетаѓйир монондааст. Эътирози назоратии Прокуратураи генералии Љумњуруии Тољикистон аз болои санадњои судии зикргардида, дар Суди Олии Љумњурии Тољикистон беќаноат мононда шудааст.

Парванда минбаъд ба суд ворид нашуда, аз тарафи прокуратураи ноњия 26 ноябри соли 2009 дар асоси татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» аз 03 ноябри соли 2009 истењсолоти он ќатъ гардидааст. Бинобар ин ба шањрванд фањмонида шуд, ки бобати норизо будан бо ќарори мазкур њуќуќ дорад тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавї аз болои он шикоят биёрад. М. С. ЌАЛАНДАРОВА, муовини раиси суди ноњияи Дарвоз


14 №15 (291), 04-уми июли соли

2012

Ќабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оќибатњои фољиаи Чернобил ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии ЉТ барои фарзандони шањрвандоне, ки бар асари фалокати неругоњи барќї атомии Чернобил зарар дидаанд (ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18), амалї мегардад.


№15 (291), 04-уми июли соли 2012

15

Љавононе, ки пулу сарват, таѓову хола ва падари мансабдор надоранд, аммо ѓуруру озодманишї доранд, сарпечї мекунанд аз хизмат дар чунин артиши нобаробар, ки дар он фарзанди дењќону коргар хизмат мекунад ва онњо низ роњ пеш мегиранд ба Русия, Ќазоќистон, Эрон, Мисру Арабистон ва Аврупову ИМА.

?-И НОБОБ

ВОКУНИШ

САРКАЛОНЊОИ БИНОЊОИ СЕРОШЁНА АЗ КАДОМ ЊИСОБ МАОШ МЕГИРАНД? - Ба вазифаи саркалони бинои истиќоматї кадом ваколатњо дохил мегардад? Айни њол дар хонањои серошёнаи истиќоматї оё њамин вазифа нигоњ дошта шудааст? Ња ё не? Оё саркалони бинои истиќоматї аз ин вазифаи анљоммедодааш маош мегирад? Агар маош гирад онро аз кадом манбаъ мегирад, аз сокинони бино ё аз њисоби давлат? Зулхумори КАРИМ, сокини ноњияи Фирдавсї

ќавле татайпопо шуда, оњиста-оњиста дар роњрав ќадам мезад. Ќадамњояш ќадами давоми њаёт буд. Баъди як моњ њарду хушу хурсанд ба назди ањли байташон, ба шањраки Њамид Алиевњои ноњияи Зафаробод баргаштанд. Абдуќодир барои муоина боз ба Душанбе омад. Наќл кард, ки љароњат шифо ёфтаасту дигар ўро ѓам намедињад. Саломатии акааш њам хуб аст. Шикоят надоранд. Инчунин дар шўъбаи мазкур аз ноњияи Шањристон - дењаи Навобод апа як гурдаашро ба додараш дод. Аз шањри Конибодом мўйсафеди 67-соларо љиянаш бо як гурда аз дарду ранљ озод намуд. Офарин ба хешу табороне, ки љасуронаву олињимматона љони њамдигарро аз дард рањо кардаанд. Њољї Абдуллоњи ЊОЉЇ, сокини кўчаи Возењии шањри Душанбе

Муовини раиси ноњияи Мўъминобод - Лутфияхон ЉУМАЕВА

Ба саволи Шумо мудири шўъбаи коммуналию муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе Рустам ИБРОЊИМОВ љавоб дод.

ДАРСИ ЗИНДАГЇ "ЊАР ДАМ ЃАНИМАТ, ОДАМ ЃАНИМАТ" - 2 - Январи соли равон банда ба беморхонаи Институти гастроэнтерология (маъруф ба институти академик Њамид Мансуров) дар шўъбаи "пайвасти узвњо ва бофтањо" табобат мегирифтам. Он љо акаву додар Абдурашид (41 сола) ва Абдуќодир (38 - сола) Нурматовњо аз ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд барои иваз кардани гурда омаданд. Абдурашид ба додараш - Абдуќодир бояд як гурдаашро медод. Бо ташаббус ва роњбарии пизишки чирадаст Сўњробљон Исмоилов љарроњї бомуваффаќият гузашт. Пас аз њафта донор - Абдурашид оњиста - оњиста ба палатаи мо омада, сўњбат мекардагї шуд. Мо беморон ба шуљоат ва љуръати Абдурашид ќоил шуда, ба ў тасанно хондем. Дар њаќиќат Абдурашид ќањрамонї нишон дод. Бо як гурдааш додарашро аз марг эмин дошт. Ќанд зан акаи Абдурашид! Пас аз ду њафта додараш Абдуќодир, ба

МАКТАБИ МИЁНАИ №20 ДАР ДЕЊАИ ТУРКОНЇ ФИЛИАЛ НАДОРАД! - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Мўъминобод матлаби «НАХОД?» - и «САФАРАЛЇ ЗОКИРОВ МАКТАБРО ШИФЕРПЎШ НАКАРДА, БА НАФАЌА РАФТ …» ро, ки дар шумораи №46 (269) аз 1 феврали соли 2012 дар нашрияи «Нигоњ» (сањифаи «Нигоњи мардумї») ба чоп расида буд, мавриди баррасї ќарор дода, оиди далелњои дар он овардашуда иттилоъ медињад, ки айни замон дар дењаи мазкур (дењаи Турконии љамоати Балхоб) 14 хонанда дар синфи 2 ва 8 нафар дар синфи 3 тањсил намуда истодаанд. Дар њаќиќат, бо дастгирии собиќ раиси Ассотсиатсияи зотпарварии Тебалай Зокиров С. ва собиќ мудири шўъбаи маорифи ноњия Шарифова И. зимистони хунук ба хонандагони хурдсоли дења иљозат доданд, ки дар фасли сармо дар њамин дења дарс хонанд. Дар бораи таъсис додани филиали мактаби тањсилоти миёнаи №20-и дењаи Турконї ќарори раиси ноњия ба тасвиб нарасидааст. Дар соли 2004 ањолии дењаи мазкур бо тариќи њашар деворњои ду синфхона ва як љои омўзгоронро бардоштанд, вале барои пўшонидани он фаќат дар соли 2011 мурољиат намудаанд. Дар соли хониши 2011 – 2012 аз њисоби шўъбаи маорифи ноњия ба ин синфхонањо ба миќдори 10 миз, 23 курсї ва 2 тахтаи синфї дода шудааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия барои таъмин намудани хонандагони мактаби мазкур бо бинои мувофиќ, тамоми чорањоро андешида истодааст ва дар рўзњои наздик ин масъала њалли нињоии худро хоњад ёфт.

- Нисбати саволи Шумо оид ба вазифањои саркалони бинои истиќоматї (бисёрњуљрадор) ва ваколатњои он, инчунин оид ба пешбинї намудани маош ба саркалони бинои истиќоматї аз вазифаи анљом медодааш ва сарчашмаи он иттилоъ медињем, ки тарзњои идоракунии биноњои истиќоматии бисёрхонагї, механизми татбиќи онњо, њуќуќу ўњдадорињо ва вазифањои пешбинишуда дар Ќонуни ЉТ "Дар бораи идоракунии биноњои истиќоматии бисёрхонагї ва ширкати соњибмулкони манзил" дарљ карда шудаанд. Пешбинї намудани маош барои саркалони бино ин ваколати маљлиси умумии соњибмулкони хонањои њамин бино мебошад. Танњо маљлиси умумии соњибмулкони бинои истиќоматї метавонад ба саркалони бино маош ва њаљми онро муайян намояд.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ ФАРЗАНДОНИ МАНСАБДОРУ САРВАТМАНД АЗ КАБИР ТО САЃИР НИЗ БА ХИЗМАТ РАВАНД! - Њар сол дар Тољикистон теъдоди зиёди љавонон мактабњои миёна ва литсейю гимназияро хатм мекунанд. Ќисми зиёдаш аз синфи 9 ва теъдоди камаш аз синфи 11 барои дарёфти ризќу рўзї ба муњољирати мењнатї равонаи Русияву Ќазоќистон мегарданд. Дигар интихоб њам надоранд. Дар Тољикистон бе пул суханат асар надорад! Љавононе, ки љои рафтан надоранд, аз тарафи комиссариатњои њарбї ва маќомоти милитсия љабран ба ќисмњои њарбї сафарбар мешаванд. Афсарон њам ба ин гунањгор нестанд. Онњо низ дастнигаранд. Љавононе, ки бо хоњиши худ - соњибихтиёрї хизмат кардан мехоњанд, низ њастанд, вале ин теъдод кам аст! Агар шарту шароити хизмати њарбї, таъминоти сарулибосу хўрокворї бењтар мебуд ва одатњои мењтарсолорї (дедовщина) намебуд, мансабдорону сарватмандони кишвар аз кабир то саѓир фарзандони нозпарвари худро низ ба хизмати њарбї гусел мекарданд. Онњо дар телевизиону радио ва сањифањои матбуот ба љилва меоянду њай доди ватандўстї мезананд, ки гумон мекунї, аз инњо дида ватандўстдор дигар касе нест. Љавононе, ки бо хоњиши худ хизмат кардан мехоњанд њастанд, вале кам ! Агар шароити хизмати њарбї, сарулибосу хўрокворї бењтар мебуд ва одатњои мењтарсолорї (дедовщина) намебуд, мансабдорону сарватмандони кишвар аз кабир то саѓир фарзандони нозпарвари худро низ ба хизмати њарбї гусел мекарданд. Љавононе, ки пулу сарват, таѓову хола ва падару модари мансабдор надоранд, аммо ѓуруру хўи озодманишї доранд, сарпечї мекунанд аз хизмат дар чунин артиши нобаробар, ки фаќат дар он фарзанди дењќону коргар хизмат мекунад ва онњо низ роњ пеш мегиранд ба сўи Русия, Ќазоќистон, Эрон, Мисру Арабистон ва Аврупову ИМА. Ман чунин тарзи ба хизмати њарбї сафарбар кардани љавононро якдарсад њам ќабул надорам! Фарзандони нозпарварди мансабдору сарватманд, прокурору судя, милисаву духтур ва ѓайраву њоказои соњибимтиёзи Тољикистон аз кабир то саѓир низ шањрванди Тољикистон њастанд, онњо низ дар баробари фарзанди дењќону коргар ва омўзгор бояд дар як саф бар ба бар истода, барои ин Ватан, ки исми бузургаш ТОЉИКИСТОН аст, хизмат кунанд. Агар не, шармашон бод ва аз вазифаву маќоми худ бояд истеъфо дињанд! Бахтиёр ШАРИФОВ, сокини шањри Кўлоб

?-И НОБОБ ДАР ТОЉИКИСТОН ЧЇ ЌАДАР ПИЛЛА ИСТЕЊСОЛ ШУДААСТ?

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД ТАРБИЯИ ХУЛЌИИ ФАРЗАНД ДАР ИСЛОМ Фазилатњои хулќии равиши вањдоният мевае аз мевањои имони мустањкам ва дини сањењ аст. Ваќте, ки бошад тарбияи фарзанд дур аз аќидаи исломї, холї аз таваљљўњи динї ва аз холї аз пайванд шудан ба Худованд шак нест, ки майл мекунад фарзанд бар фусуќ ва гумроњї ва майл кардан ба сўи ботил. Агар бошад ѓолиб бар нафси фарзанд љониби "њайвонї" љорї мешавад аз пушти шањавот ва лаззат, фурў меравад ба сўи расидани кулли њаром, пас намебошад њаёе, ки манъ кунад ўро ва нест аќле, ки манъ кунад ўро, агар ѓолиб шавад бар фарзанд љониби шайтон зинат медињад, гуноњњоро ва теза мекунад ба корњои фоњиша ва воќиъ мекунонанд душманиро байни мардум ва итоат мекунад аз барои њавоаш ва њаво кўр ва кўр мекунад инсонро ва њоло он, ки тарбияи имонї рост мекунад, каљињо фасодро ва ислоњ мекунад нафси инсонро ба ѓайри имони ба Худованд (љ) мутањаќќиќ намешавад, ислоњ ва њосил намешавад хулќи исломї. Гуфтааст Заъими Њиндї, ки маъруф ба "Ѓонидї" аст: - Албатта дин ва макорими ахлоќ њарду шайи воњид аст, ќабул намекунанд људошуданро, дин мисли рўњ аст аз барои ахлоќ мисли

АКСИ ГЎЁ

њаво аст, аз барои рўњ, дин ѓизо медињад ахлоќро, њамчуноне ки об ѓизо медињад зироатро ва зоид мекунад. Ривоят мекунад имом Тирмизї аз Аюб ибни Мўсо аз падараш аз љаддаш (р) гуфт, расули Худо (с): - Ато накардааст падар фарзандро аз атое, ки арзон бошад аз адаби хуб. Ривоят мекунад ибни Моља (р) аз Ибни Аббос (р) гуфт, расули Худо (с): - Эњтиром кунед фарзандњоятонро ва хуб кунед, адабњояшонро. Ривоят кардааст, имом Байњаќї (р) аз ибни Аббос (р) аз расули Худо (с), ки гуфтааст: - Аз љумлаи њаќќи валад бар волид ин, ки хуб кунад адабашро ва исми хуб монад. Аз маљмўи ин ањодиси Расули акрам (с) хулоса карда мешавад, ки бар тарбияткунандањо бахусус бар падарњо ва модарњо масъулияти калон аст, дар тарбияи фарзандњо бар хайр ва одат кунонидан бар ахлоќи њамида. Тарбиякунандањо масъуланд бар одат кунондани фарзандњо аз овони хурдсолиашон бар сидќ, амонат, ростї, эхтироми калонсолон, эњтироми мењмонон, бар фарёди мазлумон расидан ва эњсон ба сўи њамсоягон ва муњаб-

бати дигарон ва ѓайра. Масъуланд мураббиён бар одат кунондани фарзандон бо аломатњои инсони карим ва эњсосоти мењрубонињо, мисли эњсон ба сўи ятимон, накўї ба фаќирон ва мискинњо ва мењрубон бар бевазанон ва бечорагон ва дигар масъулиятњои калоне, ки шомил аст, дар њосил кардани покї ва ахлоќи њамида. Иљмоъ кардан уламо ба пешвоњои муљтањиддин (р) дар њамаи замонњо бар ин, ки маќсадњои шаръии исломї панљ аст: "нигоњ доштани дин, мол, аќл, насаб ва нафс". Уламо гуфтаанд: - Албатта, њамаи он чизе, ки омадааст дар шариати исломї ва оёти Ќуръонї ва ањодиси набавї далолат мекунад ба сўи нигоњ доштани њамин куллиёти панљгона. Ривоят кардааст имом Тирмизї аз Абу Дардо гуфт, расули Худо (с): - Вазнинтарини он чизе, ки нињода мешавад дар тарозуи рўзи Ќиёмат тарси Худо ва њусни хулќ аст ва боз ривоят кардааст аз Абўњурайра (р) гуфт, расули Худо (с): - Комилтарини мўъминњо аз рўи имон хубтарошон аст аз рўи хулќ. Абдулвоњид ЊОМИДОВ, устоди Донишгоњи исломии Тољикистон

- Дар мавсими имсолаи парвариши пилла дар љумњурї чї ќадар пилла љамъоварї шудааст ва сармоягузорони асосии ин соњаи даромаднок дар Тољикистон кадом ширкату муассисањоанд? Рустам ЯЌУБОВ, сокини дењаи Гулободи ноњияи Рўдакї - То аввали моњи июни соли равон дар Тољикистон ба миќдори 1054,0 тонна пиллаи тар, аз он љумла дар вилояти Хатлон - 460,0 тонна, вилояти Суѓд - 516,5 тонна ва дар ноњияњои тобеи љумњурї 77,5 тонна истењсол карда шудааст. Њоло низ пилласупорї дар ноњияњои љумњурї давом дорад. Вазорати энергетика ва саноати Тољикистон бо маќсади муташаккилона гузаронидани мавсими кирмакпарварї дар соли равон мунтазам чорањои мушаххас меандешад. Дар ин замина аз ибтидои имсол њамаи корхонањои зертобеъ, аз љумла КВД «Пилла», корхонаи фаръии тухми кирмаки шањрњои Душанбею Хуљанд ва корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шањри Вањдат наќшаи чорабинињо тањия намуда, барои амалї намудани он корњоро ба роњ мондаанд. Бо маќсади омодагї барои мавсими соли равон то 1 январи соли 2012 майдони тутзорњо ба 2954,7 ва тутњои ќадбаланд ба 25345 њазор гектар расонида шуд. Яъне барои таќсими миќдори зарурии тухми кирмак, заминаи ѓизоии он дар њаљми лозимї муњайё карда шуд. Соли љорї ба кирмакпарварони

кишвар ба миќдори 38002 ќуттї тухми кирмак таќсим карда шуд, ки аз он 6100 ќуттиаш тухми кирмаки ватанї ва 31902 ќуттиаш тухми кирмаки хориљї мебошад. Њангоми ба охир расидани мавсими ќабули пилла дар љумњурї аз натиљааш иловатан дар васоити ахбори оммаи Тољикистон маълумот дода мешавад. Сармоягузорони асосии соњаи кирмакпарварии Тољикистон ЉДММ «Дўстии Афѓонистон», ки 37,5 дарсади соњаро сармоягузорї мекунад, то имрўз ба маблаѓи 721 њазору 238 сомонї, ЉДММ «ВТ Силк» шањри Хуљанд - 16,5 %, ба маблаѓи 987 њазору 809 сомонї, ЉДММ «Дук» - 7 % ба маблаѓи 736 њазору 760 сомонї, КФ «ВТ Силк» - шањри Кўлоб 4,0 % ба маблаѓи 43 њазору 500 сомонї, ЉДММ «ВТ Роњи Абрешим» 1,0 % ба маблаѓи 41 њазору 500 сомонї ва боз 7 сармоягузори ватанї дар маљмўъ 34 дарсадро ташкил медињад, ба маблаѓи 301 њазору 500 сомонї пешпардохт намудаанд, ба њисоб мераванд. Ба саволи Шумо аз Вазорати энергетика ва саноати Тољикистон љавоб доданд.

Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, тел: 985 60 86 85


16 №15 (291), 04-уми июли соли

2012

Шояд меандешид, ки зуд ба Тољикистон занг зада, њамсарашро бо суханњои хуб навозишу мењрубонї намояд?

ПУРБИН

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Шўхињо аз њаљвнигор, Ташриф Халилов

Утиктелефон Як нафар духтухона меравад, назди духтури гўш. Лекин гўшњояш сўхтагї. Баъд духтур мепурсад: - А, бача чї кор кардї, гўшат сўхтай? - Дар ваќти либосњоямро утик (дарзмол) кардан, касе занг зад, ман ба љое, ки телефонро гирифта дар гўшам монам, фаромўш кардаам утикро дар гўшам мондам. - Охир, агар ин гўшат инхел бошад, дигараш чихел сўхт? - Ака, ваќте ин њодиса шуд, гуфтам ба духтур занг занам, аз саросемагї утикро дар гўши дигариам мондаам.

тар аст. Сатилро меоранд, њама хурсанд. Сатили аз хок баромада зангзада аст, вайро мешинанд тоза мекунанд. Боз њамон пушти сатил навишта шудааст, "Ташкент- 3000 сол". Мегўянд, ки љашн мегирем, њама воњима. Лекин ваќте ки дохили сатилро тоза мекунанд, тарбуз аз баѓалашон меафтад. Дар дохили сатил навишта шудааст: "Таджикский алюминиевый завод"!

"Забондони"-и Ташриф

Дар Ўзбакистон аз таги хок як сатил меёбанд ва диќќат мекунанд, ки дар таги сатил навишта шудааст, ки "Ташкент 3000 сол". Њама хурсанд. Тамоми мунаќќидон, архитекторњо, олимон ва архиологњоро хабар мекунанд, ки биёед, бубинед, ки Тошканд таърихаш 3000 сол будааст, аз Тољикистон њам ќадим-

Соли 1999 бахшида ба љашни истиќлолияти Тољикистон бо њамроњии Бахтиёр, Бањодур Неъматов ва чанд нафари дигар ба Алмаато барои тољикон консерт нишондињї рафтем. Он солњо мо донишљўй будем ва бо њамроњии Бахтиёр кам-кам сигор мекашидем. Ваќте консертро тамом кардем, боз ба шањри Свердловск рафтем. Пас аз чанд ваќт дар поезд ба Бахтиёр гуфтам: - Биё, рафтем дар берун сигарет кашем! - Не, ман рафта омадам, худат рав! - Рафтем, агар ягон кас омада чизеро пурсад, ман љавоб медињам. - Не, худат рав, дар он љо њељ кас нест. Ваќте рафтам нав сигорро гирон кардам, ки як мард дар рўбарўям омад, поезд бошад њамоно равон аст. Назди ман расиду гуфт: - Здраствуйте парень. - Здраствуйте. - Вы откуда?

"Ман ба ту чанд бор гуфтам?! Дигар ба ман занг назан?! Садоятро шунидан намехоњам!"… Мўсо ба њамсараш, ки аз Тољикистон занг зада буд, инро гуфту телефонашро хомўш кард ва аз хона баромада, сўи истгоњ рањсипор шуд. Пагоњирўзї, соат таќрибан њафт. Истгоњ серодам буд. Одатан пагоњињо

Онњо дар каноре истода, бо њам чизе мегуфтанд. Пиразан ба атроф нигоњ давонда, ба Мўсо нигарист ва аз дасти пирамард гирифта, сўи ў омад. Онњо тахминан 75-80 сола ва ё шояд аз ин њам калонтар буданд. Дар тан либосњои тозаю озода дошта, мўйсафед ќоматхамидаи беришу мўйлаб ва дар даст асо дошт. Пиразан ба

"Ташкент - 3000 сол"

Рамз ё тасодуф? ва бегоњињо њамин тавр серодам мешавад. Мусофирбарњо думидардум меомаданду мерафтанд. Одамон ба мусофирбарњо менишастанду боз одамони нав ба истгоњ меомаданд. Мўсо дар интизори мусофирбари раќами 32, гоњ ба як пояш такя мекарду гоњ ба пои дигар ва њар замон телефони мобилиашро аз кисааш бароварда, чанд шудани соатро аниќ мекард. Ба истгоњ аз пайроњаи пањлўи чап як мўйсафед ва пиразане омаданд.

Мўсо наздик шуда, чизе гуфт. Аммо садои пиразан хеле паст ва гирифта буд. Мўсо сар хам карда, гўшашро ба пиразан наздиктар бурд. Ин дафъа фањмид, ки пиразан мегуфт: - Писарам, илтимос, ба ин муйсафед бигуй, ки имрўз на панљшанбе, балки душанбе будааст ва мусофирбар дар рўзњои душанбе соати 10 меояд. Ба ў бо садои баланд гўй, писарам. Гўшњояш хуб намефањманд… Мўсо байни пиразани ќариб бесадо ва

Як ба тарафаш бад-бад нигоњ кардам, гарчанде нафорид, ки катиш гап занам, лекин савол, ки дода буд, љавоб додам. - Я из Таджикистана. - Я там быль. Как тебя зовут? - Ташриф. - Молодец! Баъд дар болои сарам нигоњ карда истод, гуфтам, ки биё гап занам боз нагўяд, ки катим гап назад. Пурсиданро сар кардам: - А как вам зовут? - Павел. Сарамро љунбонида "ња" гўён хап кардам. Бо сар кард. - Сколько вам лет? - 25. Ман хело фикр кардаму калимањоро дар сарам љумлабандї кардам ва пурсидам: - Сколко вам лет? - 57. Як комплимент кунам гуфта, гуфтам: - Вы такая молодая. - Мая жена? Њайрон шудам, ки ман зани ўро аз куљо медонам, ки ў мара инхел мегўяд, охир гапи ман ба зани ў чї дахл дошта бошад?! Боз бо овози баланд гуфтам: - Вы такая молодая! - Я мужик. - Да, мужик, но молодая! Нигоњ карду иди … гуфта, дашномкунон рафт. мўйсафеди ќариб ношунаво ба миёнаравї оѓоз кард. Мўйсафед хеле бад мешунид. Мўсоро лозим меомад бо садои баланд ва такрор кардан, сухани пиразанро ба мўйсафед расонад. Мўсо аз он шод буд, ки пиразан шунавоияш хуб буд ва суханњои муйсафедро мефањмид. Атрофиён садои баланду "аксентдор"-и Мўсоро шунида, нигарон ба бањс диќќат медоданд. Ахиран, мўйсафед фањмид, ки имрўз на панљшанбе, балки душанбе будааст. Пиразан ба Мўсо сипос гуфту дасти мўйсафед гирифта, ба сўи пайроњае, ки аз он омада буданд, бо ќадамњои майда-майда роњ мерафтанд. Мўсо гўё ях карда буд, намељунбид ва ба нигоњи атрофиён низ ањамият намедод. Дар сараш суолњо пайдо шуда чарх мезаданд. Чаро мањз ў, мањз имрўз шоњиди ин воќеа шуд? Ин чї рамзе буд? Наход Худованд бо ин роњ ба ў чизе гуфт? Ё тасодуф буд? Мўсо, ки тўли як моњ аст бо зављааш ба воситаи телефон љангу нофањмињо дошт, ба фикр фурў рафт. Шояд меандешид, ки зуд ба Тољикистон занг зада, њамсарашро бо суханњои хуб навозишу мењрубонї намояд? Шояд мехост бигўяд, ки ў шухї кардааст ва мехоњад садои ўро њамеша бишнавад? www.ilhom.wordpress.com

Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01

Имрўзбин Муњиддин КАБИРЇ, роњбари ЊНИТ: - Имрўз мебинем, ки як гурўњ худро чун ѓолиб медонад ва иљозат медињад, ки зиндагии мардуми њамаи Тољикистонро онњо муайян кунанд, ки мардум чигуна бояд зиндагї кунад, чигуна ба кор биравад, чигуна либос бипўшад ва њатто кор ба дарљае расид, ки дар куљо намоз хондан ва нахонданро њам як гурўњи дигар муайян мекунанд. - "Имрўз мебинем…" -гуфта чиро дар назар доред, рафиќ дипломат?! Ё пагоњ дигар ѓолибонро намебинем гуфтанї-мї Шумо?!

Депукоммунист Шодї ШАБДОЛОВ, роњбари ЊКТ: - Ин муњимтарин хулосаи талх, як таљрибаи талхе, ки танбењ гирифт миллати мо аз он даврае (солњои 1992-97), ки мо як бозича, як а��ўсак дар манофеи геополитикии давлатњои берунмарзии дуру наздик гардидем. - Акнун ин бозича ё арўсак дар дасти як нафари дарунмарзї аст, гўед?

Манфиатбепул Абдулмаљид ДОСТИЕВ, сафири Тољикистон дар Русия: - Њељ кас набояд, бо тамоми дўстиаш, як ваљаб заминашро бепул дода, бе назардошти манфиати худаш кор кунад. -Бепул надодем, ака, тўњмат накунед! Фурўхтем!!! Пули калон ќатї, между прочим! Назардошт - пазардошта мо намедонем!

Ќудратраис Муњаммад СОЛЕЊ, роњбари мухолифони ўзбак: - Агар мо ба сари ќудрат оем, ин масъаларо метавонем њал кунем. Бояд сари мизи музокира нишаст ва ин масъаларо ба нафъи њамаи мардуми Осиёи Марказї њал кард. - Намедонам, Шуморо Муњаммад Исломович гўем, ё Каримович, аммо Шумо, њамин њоло нодурустии формулаи "душмани душманам, дўсти ман аст"-ро исбот кардед!

Њавохиёбон Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси ЊКТ: - Вањдат ба мардуми тољик аз њаво наомадааст. Барои ин суботи имрўза гурўње мубориза бурданд, љонфидої карданд. Аз ин хотир, њар нафаре, ки дар Вањдати имрўза сањм дорад, мо ба хотири эњтиром гузоштан ба шахсияти ў бояд хиёбон ва хољагињоеро номгузорї намоем. - Хољагињоро яклухт ба дасташон додем, бо замину дењќон - батракњояш! Хиёбон њам гап шуд, мо шоњроњњоро тўњфа кардему худамон аз ин шоњроњњо пул дода мегузарем. Боз чї дињем? Шояд як бори дигар …?

Санъатахлоќ Љонибек МУРОДОВ, њунарманд: - Як одами солимаќл мефањмад, ки ин як наќш асту халос (филме, ки Љонибек бозї кард). Ин санъат аст, барои мо - бегона ва бадахлоќї, аммо барои инсонњои дигар дар Аврупо - санъат. - Чаро њар касе, ки ду -се бор хориља рафта ояд, дар бораи солимаќли Аврупову Амрико гап мезадагї мешавад?

 Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї  Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


№15 (291). Чоршанбе, 4-уми июли соли 2012