№44 (320). Чоршанбе, 23-уми январи соли 2013

Page 4

4

№44 (320), 23-уми январи соли 2013

Аммо дар сиёсат миёнаравон танњо манфиатњои худро љустуљў мекунанд. Ман кушоду равшан изњор дорам, ки дар ин минтаќа бояд сулњ ва эњтироми њамдигар вуљуд дошта бошад. Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон дар љаласаи њукумати худ, санаи 18-уми январ суханронии љолибе кард, ки дар доирањои сиёсиву коршиносии Тољикистон вокунишњои боз њам љолибтаре дошт. Ў гуфт, ки ягон нерў наметавонад миёни халќњои Ўзбакистон, Тољикистон ва Ќирѓизистон тухмї кинаву адоват корад. Ва ваъда дод, ки бо роњи муколама сўитафоњумњоро миёни њамсоягон бартараф хоњад кард: - Ин мушкилот танњо мутааллиќ ба мост. Вале њастанд касоне, ки мехоњанд муќовиматњоро миёни мо таќвият бахшанд. Ва онњо ба мо машварат медињанд: "Ана, онњо чї коре бар зидди шумо карданд, шумо низ зарбаи љавобї занед". Ва ин гуна деверсантњо - мушовирон хеле зиёданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро? Гап дар сари он, ки дар минтаќаи Осиёи Марказї 5 кишвари соњибистиќлол љойгир шудаанд ва мо

ахир ин пиёдашавии тарњњои путинии Иттињоди гумрукї ва Иттињоди Авруосиё аст, ки моњиятан сохтани империяи нави Кремлин аст. Бо истифода аз ин вазъ ва њолати низоми сиёсиии њамсоякишвар Тољикистонро зарур аст, ки оѓўши бародаронаашро боз кунад. Бо пешнињодњои назири ќабули њайати баландпояи Тољикистон дар Тошканд, ќисман ва ё пурра барњам задани низоми виза, барќарор кардани интиќоли газу шабакаи мутањиддаи барќи Осиёи Марказї, ањди њамла накардан ба њудуди якдигар, боз кардани бозорњои дохилї ва наздисарњадї барои мањсулоти њарду кишвар, ба созмонњои байналмиллаї додани харитањои майдонњои минкоришуда, эљоди якљояи неругоњи барќиву обии "Роѓун"-у "Ќамбарота" ва хати баландшиддати САSA-1000 ва ѓ.њ, албатта, ки барои як муддати мадид њамзистии мардумони минтаќаро таъмин созанд.

Каримов аз дўстї гуфт… Ба роњбари Ўзбакистон бовар кунем, ё не? ба истиќлолияти онњо эњтиром ќоилем. Агар дар бораи дини мо ислом ва умуман арзишњои мо њарф занем, пас имкони он вуљуд надорад, ки моро аз њам људо кунанд. Вале ќуввањое њастанд, ки мехоњанд дар људоиандозї њиссаи худро гузоранд. То ин ки мо машѓули мушкилоти худ бошем, рушд накунем ва ба кишварњо њељ гуна сармоя сарозер нашавад... Шумо хуб мефањмед, ман дар бораи чї мегўям? Асоси ин чист? Њељ касе онњоро нерўњои диверсионї наменомад. Онњо ёваронанд, миёнаравонанд. Медонед, миёнаравон дар куљо лозиманд? Дар бозор. Касе, ки фурўшандаву харидорро ба созиш меорад. Аммо дар сиёсат миёнаравон танњо манфиатњои худро љустуљў мекунанд. Ман кушоду равшан изњор дорам, ки дар ин минтаќа бояд сулњ ва эњтироми њамдигар вуљуд дошта бошад. Њазор сол мо бо тољикон, ќирѓизњо, туркманњо ва ќазоќњо дар сулњу дўстї зиндагонї кардем. Ва касе наметавонад моро аз њам људо созад, - гуфт Каримов. Воќеъан суханони љолибанд. Суханоне, ки дар Душанбе аллакай 10-12 сол аст, касе шуниданашро аз Тошканд, на умед дошт, на интизор. Ин суханњо чї маънї дошта метавонанд? Тавба аз амалњои гузашта, тарњрезии бозињои нави сиёсї, ё таѓйири сиёсат? ХОЊИШИ МАРДУМ Абубакри Файзалї, рўзномани-

гори тољики муќими Маскав мегўяд, изњороти Ислом Каримов дар хусуси њалли босуботи танишњо миёни кишварњои Осиёи Марказї як нав умедворкунанда ва боиси дастгириву шодмонист: - Мардуми солимаќл медонанд, ки охири њама зиддияту љангњо сулњу субот аст ва дарки ин аз сўи рањбарияти кишварњо дар ин маврид њанўз муносибатњо тунд нагашта, албатта, сариваќтї аст. Њам мардуми тољик ва њам мардуми ўзбак кайњо боз интизори сари мизи гуфтушунид нишастани сарони ин ду кишвар њастанд. Аз он ки Тошканд аллакай аз хоњишњои мардумаш огоњона сухан мегўяд, ин ифодаи хоњиши Ўзбакистон дар ин роњ аст. Ман чанд љои дигар њам аз зарурати азхудгузаштанњои рањбарони кишварњо ба хотири манофеи мардумонашон изњори назар карда будам".

нишон додааст, њоло ба хулосае расид, ки акнун бозиро имкон дорад бо дасти худ чархонд. Вагарна магар дањсолае пеш Нурсултон Назарбоев - президенти ќазоќ намегуфт, ки Осиёи Миёна метавонад соњиби бозори худ бошад? Аввалин иќдомњои њамгирої дар Осиёи Миёна њам ба Назарбоев мансуб буданд. Вале акнун бо наздик омадани интихоботњои президентї дар Ўзбакистону Тољикистон ва аз Афѓонистон берун рафтани неруњои НАТО, ки президенти Ўзбакистон манфиату мавќеи худро дар љои мушаххас дид, бозии навро оѓоз карда, мехоњад нишон бидињад, ки њарфи ахирро мањз ў хоњад гуфт. Тавре дар њамон масали русї омадааст, акнун ў мехоњад нишон бидињад, ки "гўсфандон њам сињатанду гургњо низ сер шуданд...

"БОЗИИ НАВ" Аммо Раљаби Мирзо, тањлилгари масоили сиёсї ва сарвари Маркази пурсишњои сотсиологии "Бозтоб" дар изњороти Ислом Каримов бозии нави сиёсиро дидааст. Вай мегўяд: - Ин изњорот бори дигар ин њаќиќатро рўшан мекунад, ки њамаи бањсњои кишварњои Осиёи Миёна дар заминаи се чиз пайдо шуда, ављ мегиранд: 1) амбитсияњои хоси рањбарон, 2) "ман" -и сарварони кишварњои минтаќа, 3) бозињои геополитикї. Каримов, ки бозингари моњир будани худро таи солњои дароз

ОЃЎШИ БАРОДАРОНА Дар њамин њол, Саймиддин Дўстов, тањлилгари масоили сиёсї мегўяд, новобаста аз омилњои тањрикдињандаи Ислом Каримов роњбарияти сиёсии Тољикистонро зарур аст, ки ин изњоротро бе вокуниш намонанд, зеро шонси хубест барои барќарор кардани муносиботи њасана бо ин њамсояи муњим: - Воќеан, Ўзбакистон бо ќавитарин неруи њарбию сиёсии Осиёи Марказї буданаш њам тањдиду хатарњое эњсос мекунад. Чунин тањдиди љиддии як соли

НАЗАРЊОИ ДИГАР ДАР БОРАИ ИЗЊОРОТИ ИСЛОМ КАРИМОВ НИГАРОНЇ Зафар Сайфуллобеков: - Халќњои кишварњои мо дар асл аз ин изњорот хуш мешаванд. Муњим ин аст, ки изњорот самимї бошад, на гапњои бењуда. Абдусаттор Исоев: - Чї хеле Ислом Абдуѓаниевич, кадом наќшае кашидааст, тавре мегўянд, "хаппу дам". Аљоиб, чї гап бошад? Муњиддин Идиев: - ...ки хам-хам рафтани сайёд зи бањри ќатли мурѓон аст. Дилшод Њољибеков: - Мўйсафед њамин тавр гуфт гуфт - да… Равшан Абдуллоев: - Чї санге аз Ислом Каримов ба њотаи Русия. Љасурона!

Иќболбї Назарова - Турсунова: - Хуб, нињоят Ислом Каримов хубро аз бад фарќ кард. Ќутбиддин Бобомуллоев: - Агар турк аз сулњ гўяд, љанг мешавад. (Зарбулмасали юнонї) Лола Мерганова: - Некбин бошед, дўстон. Хуб гўем, хуб мешудагист... Абдуллоњ Ањмадов: - Ислом Абдуѓаниевич сиёсатмадорест, ки меарзад ўро эњтиром кунї! Абўбакр Шарифбеков: - Дўстро мо бояд ба амал бишносем, на ба суханњои зебои пуч. Зариф Раљабов: - Даќиќтар гўем ин аст: касе на-

мегузорад, ки мо дар сулњу салоњ зиндагї кунем. Муњаммадї Ибодуллоев: - Агар инсон ба ин пухта расид, он гањ бояд табли шодї зад. Саймиддин Дўстов: - Бовар дорам, Ислом Абдуѓаниевич ва Эмомалї Шарифович бояд донанд, ки низомњои сиёсии эљодкардаи онњо ноустуворанд. Албатта, ќисмати бузурги мардумон аз њарду барои сулњу субот миннатдоранд, аммо теъдоди боз њам бештари мардумони ин кишварњо таѓйирот ва зиндагии бењтар мехоњанд (љин занад, бо ин њама мењнатдўстї лоиќ њам њастанд, охир). Њару њанўз њам шанс доранд. Бо истифода аз њаќќи калонї бигзор дар посух ба номаи Рањмон ва Атамбоев (ба ахирї бовар надорам, аммо Шарифович ба таври кофї прагматик аст, ки онро њамин

Ба гуфтаи ин коршинос, "воќеъан, њамчунин амали таърихї метавонад барои дањсолањо рушди минтаќаро таъмин сохта, ба низомњои сиёсии ду кишвар-Ўзбакистон ва Тољикистон, ки устуворияшон, баъд аз сари роњбарони кунунии ду давлат зери суол аст, ваќт ва имкони ислоњоту такмилшавї фароњам созад". *** Дар кулл, њамсўњбатони мо бар онанд, ки новобаста аз паспардаи ин суханронї ва њадафи нињої ноумед њам набояд шуд. Чун Тољикистону Ќирѓизистон љабри фишорњои зиёдро дидаанду пушти сар кардаанд. Чун маълум аст, ки ягона роњи баромад аз бунбаст барои ин се кишвари дар изњорот номбаршуда кўмаку дастгирии якдигар ва роњандозии сиёсатњои дўстона аст, бояд талош кард, то муносибот хуб шавад. Ваќте як кишвари аз дигарон ќавитар дар сиёсату иќтисоди минтаќа аз ањди дустї сухан мегўяд, онро бозии сиёсї (агар чунин бошад њам) ташрењ кардан имрўз ба манфиати мо ва њам њамсоягони мо нест. Мардумони тољику ўзбак масали хубе њам доранд: "Аз хеши дур, њамсояи хуб бењтар аст". Вале оё дар њукумати Тољикистон аз ин маќол истиќбол мекунанд ё на, ва оё Ислом Каримов ба ин изњороташ содиќ мемонад ё на, суоли рўз аст.

Фирўзи МУЊАММАД рўзњо нависад) Ислом Каримов њар серо дар Тошканд љамъ карда, аз тањи дил сўњбат кунанд. Бахтиёр Салимов: - Як чї, ки ў гуфт, бовар дорам, ки самимї аст. Ин пешравї аст. Њамсояњо бояд дар мусолиња бошанд. Русия, Амрико ва ѓайрањо хеле дуранд, аммо мо наздикем. Намехоњам њарфњои зебо гўям, аммо дигар хел гуфта њам намешавад фарњанги умумї, арзишњои муштарак. Аз ин љои гурез нест, дигар хел њам намешавад. Мирасан Мирњасанов: - Ў дигар роњ надорад. Ў љанги иттилоотиро њам ба Тољикистон ва њам Ќирѓизистон бохтааст. Њоло бањона мељўяд, ки Тољикистону Ќирѓизистон аз Русия дур шаванд (душмани №1). Баъд бо онњо танњо ба танњо "разбор" мекунад.

P.S: Баррасии матлаб дар www.tojnews.org идома дорад. Ба сомона аз телефонњои мобилї њам ворид шудан имкон дорад.

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

МАТЛУБХОН ДАВЛАТОВ Шахсияти камназире, ки њамеша симояш мусбї аз матбуот њувайдо шудааст. Њарчанд муддати тўлонист, ки дар вазифањои гуногун кору фаъолият кардааст. Њар касе њам агар сатре навиштааст, аз ў ситоиш кардааст ва каманд афроде дар сатњи њукумати кишвар, ки ба чунин муњаббати расонањои мустаќил шарафёб шуда бошанд. Матлубхон Султонович Давлатов зодаи ноњияи Данѓара аст ва 63 сол пеш ё худ дар таърихи 17 январи соли 1950 ба дунё омадааст .Аз рўи ихтисос иќтисодчї аст ва њанўз соли 1970 факултаи иќтисодии Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Баъди анљоми донишгоњ ду сол дар сафи Ќуввањои Мусаллањ хизмат намуда, бо рутбаи њарбии лейтенанти калон ба ватан баргаштааст. Сипас, ба кори илмї рў овардааст ва соли 1976 бо њимояи рисолаи илмї номзади илми иќтисод шудааст. Ќадам нињодан ба љодаи илму маърифат дари Пажўњишгоњи (институти) иќтисодиёти Академияи илмњои Тољикистонро ба рўяш боз кардааст. То соли 1990 дар ин боргоњи илм кор кардааст ва њамзамон, дар Донишгоњи миллии Тољикистон омўзгорї намудааст. Дар ин муддат кори њизбї низ кардааст. Чунончи, аз соли 1983 то 1989 котиби Кумитаи њизби коммунист дар Академияи илмњои ЉТ будааст ва яке калонтарин маошњо дар Тољикистони шуравиро мегирифтааст. Аз соли 1990 ба Шўрои вазирон ба кор мегузарад ва аввалин таљрибаи кори давлатдориро аз он меомўзад. Соли 1991 вай муовини раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии кишвар таъин мегардад. Баъди сари ќудрат омадани њукумати нав аз соли 1993 мансаби раисиро дар кумитаи мазкур ишѓол менамояд. Солњои 2001-2006 дар вазифаи раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Љумњурии Тољикистон такя мезанад. Охири моњи январи соли 2006 ба Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон меояд ва Мушовири давлатии Сардори давлат оид ба сиёсати иќтисодї таъин мегардад. Чор соли кор ба симмати мушовирї сифатњои роњбарии Матлубхон Давлатовро кушод ва аз 10уми марти соли 2010 сарвари Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон таъин гардид. Матлубхон Давлатов аз љумлаи камтарин соњибмансабони њукумати љумњурї аст, ки аз иќдомоташ ба шоистагї ёд мешавад ва мисли касони дигаре, ки дар мансабњои калон кор карданд, бо хислатњои манфї расонаї нашудааст. Мавсуф тўли ин муддат ба яке аз наздиктарин ва санљидашудатарин шахсиятњои наздик ба Президент табдил ёфт ва “Нигоњ” аз ў њамчун аз "эркаи президент" ёд кард. . Матлубхон Давлатов шинохти тамоми олимон ва зиёиёни тољикро дорад, чунки дар њар зинаи фаъолияташ бо онњо њамкорї дошт. Ў аксарияти кулли кормандони давлатиро њам хуб мешиносад. Матлубхон Давлатов аз зумраи нодиртарин мансабдорони њукумати феълї аст, ки тавонист нишон дињад, ки аз ўњдаи њар вазифа мебарояд. Ў њамоно шахсияти содиќ ба ормонњои сарвари давлат њувайдо мегардад ва дидгоњи ќобили мулоњизае дорад, ки дигар њамсолонаш, шояд, аз ин вижагї бархўрдор нестанд. Шояд ин буд, ки дар вазифаи раиси Дастгоњи иљроия њам дер напоид. Марги бармањал ва фољиабори Асадулло Ѓуломов њукумати Эмомалї Рањмонро дар њоли ногувор ќарор дод. Шахсияте назири ў гўё њељ пайдо намешуд, ки курсї муддати шаш моњ бесоњиб монд ва нињоят интихоб ба Матлубхон Давлатов ќарор гирифт. Муовини якуми нахуствазир масъулияти роњандозии бахши иќтисоди кишвар, њамоњангсозии фаъолияти вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшњои мухталифи иќтисодиёт, аз љумла, сиёсати буљету андоз, љалби сармоягузорї, фаъолияти маќомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатї ва њамкории байналмилалии иќтисодиро зери назорат дорад. Тибќи ќонун дар њоли набудани Сарвазир вазифаи ўро муовини аввал иљро менамояд. Аз вежагињои Давлатов сарватмандии ўро медонанд, ки аз њич кас пўшида нест. Шояд ў танњо аз мансабдорони њукумати Эмомалї Рањмон аст, ки галаву рама надорад, амволи ѓайриманќули зиёд ва замину чарогоњњоеро аз худ накардааст, аз маблаѓгузорї дар хориљи кишвар њазар мекунад ва тибќи иттилои ѓайрирасмї сармояашро дар бонкњои Тољикистон нигоњ медорад. Ба гумони ѓолиб, дар интихоботи президентии соли 2013 яке аз чењрањои калидии њукумат хоњад буд.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.