Issuu on Google+

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

Барои созандагї ва рушди босуботи Тољикистон

www.tribun.tj www.minbari.halk.tj E-mail: minbarihalk@hhdt.tj bk.ru

17 январи соли 2013, панљшанбе, №3 (878)

НАШРИЯИ МАРКАЗИИ ЊИЗБИ ХАЛЌИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЉИКИСТОН

2012

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ

БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ

ТОЉИКИСТОН Соли 2012 дар таърихи муосири Тољикистони соњибистиќлол чун соли таљлили солгарди 15-уми ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, солгарди 20-уми Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї ва ба узвияти Созмони Љањонии Савдо ќабул шудани Тољикистон дар ёдњо мемонад. Соли 2012 барои Тољикистон њамчунин чун соли рушди босуботи иљтимоию иќтисодї буд, зеро новобаста аз буњрони идомаёбанда дар иќтисоди љањонї ва дигар омилњои берунаи манфї, љараёни дигаргунсозињо барои бењбуди фазои сармоягузорї, рушди бахши хусусї ва соњибкорї, дастрасї ба бозорњои молї идома ёфта, суботи макроиќтисодї дар кишвар нигоњ дошта шуд. Сањ. 6 - 14 Сањ. 7


Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

2 МАЉЛИСИ ВАСЕИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Субњи 15-уми январ тањти раёсати Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њукумати кишвар Эмомалї Рањмон маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба кори худ оѓоз намуд, ки дар он дастовардњои соли 2012 мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифта, барои иљрои босамари дурнамою наќшањои мављуда дар оянда мушаххас мегарданд. Барои иштирок дар маљлиси љамъбастии Њукумати Љумњурии Тољикистон раёсат ва аъзои Њукумат, роњбарони идорањои назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати кишвар, масъулони Дастгоњи иљроияи Президент, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо роњбарони марказњои татбиќи лоињањои инвеститсионї, мактабњои олї, бонкњо ва дигар шахсони расмї љамъ омадаанд. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар сухани ифтитоњии худ таъкид дошт, ки соли 2012 барои Тољикистон, новобаста ба бўњрони идомаёбанда дар иќтисоди љањонї ва дигар омилњои берунаи манфї, соли бобарор ва зањмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ў дигаргунињо барои бењсозии фазои сармоягузорї, рушди бахши хусусиву соњибкорї ва дастрасї ба бозорњои молї идома ёфта, суботи макроиќтисодї дар кишвар нигоњ дошта шуд. Дар оѓози маљлис њисоботи Сарвазири кишвар Оќил Оќилов доир ба дастовардњои иќтисодию иљтимої дар соли 2012 шунида шуд. Доир ба нишондодњои рушди иќтисодї, молиявї ва бењсозии сиёсати пулию ќарзї, роњбарони вазорату идорањои рушди иќтисод ва савдо, молия, андоз, гумрук, омор, Бонки миллї ва Амонатбонк гузориш доданд. Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки шабакаи электронии "Равзанаи ягона" таъсис дода, пардохтњои гумрукиро бевосита дар постгоњњои наздисарњадии худ ќабул намоянд, то ки њам шаффофияти кор таъмин гардад ва њам амалиёти содироту воридоти молу мањсулот сањлу сабук шавад. Дар рафти љаласа гузориши вазири энергетика ва саноат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, вазирони наќлиёт, кишоварзї, маориф, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, тандурустї шунида шуд. Дастуру супоришњои мушаххас, њамчунин ба роњбарони маќомоти телевизион ва радио, кор бо љавонон, варзиш ва сайёњї, занон ва оила, дин, сохтмон ва меъморї, алоќа, муњољират, хољагии коммуналї, Тољикматлубот ва ѓайра дода шуд. Њисоботи мухтасари Раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Ѓайбулло Авзал, Раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Ќодири Ќосим, раисони шањру ноњияњои тобеи љумњурї ва Раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев баррасї ва доир ба таќвият бахшидани фаъолият маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар вилоят ва шањру ноњияњои кишвар супоришњои мушаххас дода шуд. Дар охири маљлис Президенти кишвар Эмомалї Рањмон суханронї намуда, нишондодњои рушди иљтимоию иќтисодї ва фарњангиро дар соли 2012 мавриди тањлилу баррасии муфассал ќарор дод ва вазифањои ояндаро барои иљрои босамари дурнамою наќшањои амалкунанда мушаххас намуд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини иљрои босифати дастуру супоришњои дар маљлиси љамъбастии Њукумати Љумњурии Тољикистон баёнгардида наќшаи мушаххаси чорабинињо тањия ва амалї карда шавад.

СУХАНРОНИИ

Президенти Љумњурии Тољикистон дар маљлиси васеи Њукумати Тољикистон доир ба љамъбасти натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифањо барои соли 2013

МЎЊТАРАМ АЪЗОИ ЊУКУМАТ! ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии кишвар дар соли 2012 собит менамоянд, ки соли гузашта барои мардуми тољик ва давлати Тољикистон дар маљмўъ соли пурфайзу бобарор буд. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки минбаъд низ бо истифода аз њамаи захираву имкониятњо пешрафти њамаљониба ва устувору дарозмуддати иќтисодиву иљтимоии мамлакатро таъмин намоем. Яъне ба Њукумати мамлакат зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди устувори иќтисодиву иљтимої ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолии кишвар мунтазам чораљўї намояд. Соли 2012 бо вуљуди омилњои идомаёбандаи бўњронї дар иќтисоди љањонї ва дигар тамоюлњои манфии љойдошта рушди бонизоми иќтисодї дар кишварамон таъмин гардид, аз љумла саноат ва кишоварзї вусъат ёфта, дар натиља суботи макроиќтисодї нигоњ дошта шуд. Ин аст, ки маљмўи мањсулоти дохилї дар соли 2012-ум 7,5 фоиз афзоиш ёфта, њаљми он ба 36,2 миллиард сомонї баробар гардид. Инчунин сатњи таваррум дар њолати мўътадил ќарор дошта, 6,4 фоизро ташкил намуд ва ќурби пули миллї устувор нигоњ дошта шуд. Бо вуљуди ин, ба Њукумати мамлакат зарур аст, ки љараёни ислоњоту дигаргунсозињоро дар тамоми самтњо, бахусус дар таъмини бењбудии фазои сармоягузорї, рушди бахши хусусї ва соњибкорї, афзун намудани самаранокии истифодаи моликияти давлатї, инчунин дастрасї ба бозорњои сармоя ва молу мањсулот њамаљониба амалї намоянд. Ба Созмони Умумиљањонии Савдо ворид шудани Љумњурии Тољикистон њамчун дастоварди муњими соли гузашта арзёбї мегардад. Узвият дар ин созмони бонуфуз ба субъектњои соњибкории ватанї дастрасии бозорњои молу хизматрасонињои минтаќавию љањониро осон гардонида, тавассути љалби сармоягузорињои хориљї ва воридоти технологияњои муосир љињати ба роњ мондани истењсоли мањсулоти босифат ва ќобили раќобат ба рушди иќтисоди миллї мусоидат хоњад намуд.

Таъкид бояд кард, ки воситаву имкониятњои дохилии боз њам суръат бахшидани рушди иќтисоди миллї, аз љумла нишондињандањои бахши воќеии иќтисодиёт тавассути зиёд кардани њаљми истењсоли мањсулот дар кишварамон хеле зиёданд. Аз соли 2004 инљониб дар мамлакат љињати роњандозї намудани рушди соњањои иќтисодиву иљтимоии кишвар беш аз 160 барномаи гуногуни тараќќиёти соњањои иќтисоди миллї ќабул карда шудаанд. Вале дар самти амалишавии онњо як ќатор камбудиву норасоињо ба назар мерасанд. Бинобар ин, Њукумати мамлакат вазифадор аст, ки љараёни татбиќи њамаи барномањои давлатиро тањти назорати ќатъї ќарор дињад. Вобаста ба ин, тамоми сохтору маќомоти давлатиро зарур аст, ки татбиќи сифатноку сариваќтии барномањои соњавї ва мањаллии мамлакатро мунтазам таъмин намуда, љињати бартараф намудани камбудињо ва њалли масъалањои љойдошта тадбирњои таъхирнопазир андешанд. Инчунин бо дарназардошти вазъи ноустувор ва зудтаѓйирёбандаи иќтисоди љањонї, буњронњои идомаёбандаи иќтисодиву сиёсї, коњишёбии нархњо ба молњои асосии содиротии кишвар дар бозорњои молу ашёи љањонї мо бояд тамоюлњои рушди иќтисоди љањониву минтаќавї ва талаботи бозорњои молиро мунтазам мавриди тањлилу баррасї ќарор дода, барои пешгирии таъсири манфии онњо ба иќтисодиёти мамлакат чорањои сариваќтї андешем. ДЎСТОНИ АЗИЗ! Дар давоми соли гузашта низоми идоракунии молияи давлатї зери назорати доимї ќарор дошта, даромади буљети давлатї, инчунин суѓуртаи иљтимої ва нафаќа барзиёд иљро гардида, чорабинињои дар буљет пешнињодшуда аз рўи наќша таъмин карда шуданд. Илова бар ин, мутобиќи Фармони Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2012 музди мењнати кормандони соњањои иљтимої, нафаќа ва стипендия зиёд шуда, барои маблаѓгузории он аз њисоби буљети давлатї 1,9 миллиард сомонї равона гардид.

Умуман ба соњањои иљтимої зиёда аз 5 миллиард сомонї равона карда шуд, ки ин 50 фоизи њаљми умумии харољоти буљети давлатиро ташкил медињад. Аммо бо вуљуди чорањои андешидашуда њоло њам дар пешбурди сиёсати фискалї ва идоракунии самараноки молияи давлатї камбудиву норасоињо љой доранд. Аз љумла, буљети љумњуриявї аз рўи 5 намуди андоз ва буљети мањаллии 5 шањру ноњияи мамлакат таъмин карда нашудааст. Њамзамон бо ин, баќияпулињои андоз дар соли 2012 ба маблаѓи 125 миллион сомонї зиёд гардидаанд. Як ќатор субъектњои хољагидорї, аз љумла корхонањои азим низоми молиявиро риоя накарда, ўњдадорињои худро дар назди буљет сари ваќт таъмин накардаанд. Масалан, аз љониби Ширкати "Барќи Тољик" ва Љамъияти сањњомии "Сангтўда-1" ўњдадорї дар назди буљет ба маблаѓи 53 миллион сомонї таъмин нагардидааст. Дар натиља талафи даромади буљетњои шањрњои Норак, Сарбанд ва Роѓун аз њисоби буљети љумњуриявї љуброн карда шуд. Агар њамаи ин манбаъњои даромад ва дигар захирањои мављудаи молиявї пурра ба буљети давлатї ворид карда мешуд, иљрои он иловатан зиёда аз 400 миллион сомониро ташкил мекард. Аз ин лињоз, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадор карда мешаванд, ки сиёсати устувори буљету андозро таъмин намуда, љињати иљрои босифати буљети давлатї, дарёфти сарчашмањои нави даромад ва васеъ кардани манбаъњои мављудаи он тадбирњои зарурї андешанд, инчунин доир ба кам кардани баќияпулињои андоз ва воридоти сариваќтии маблаѓњо ба буљети давлатї чорањои ќатъї андешанд. Бояд гуфт, ки њамасола музди мењнати њадди аќал, маоши хизматчиёни давлатї ва дигар кормандони соњањои буљетї зиёд гардида, дар баробари ин, дар мамлакат љойњои зиёди корї таъсис ёфта истодаанд. Вале њаљми пардохти андози иљтимої зиёд нагардида истодааст. Бинобар ин, ба роњбарони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки дар њамкорї бо вазоратњои молия, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, Кумитаи андоз бо маќсади таъмини иљрои наќшаи андози иљтимої ва ќонеъ сохтани эњтиёљоти ањолї ба нафаќа ва кўмакпулињо њангоми тасдиќи нишондињандањои буљети мањаллї наќшаи воридоти андози иљтимоиро дар вилоятњо ва шањру ноњияњо даќиќ пешбинї карда, љињати иљрои он чораљўї намоянд. Њамзамон бо ин, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо якљо бо сохтору маќомоти дахлдор, инчунин ташкилоту корхонањо, сарфи назар аз шакли моликияти онњо, бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки љињати нигоњ доштани љойњои мављудаи корї, зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди мењнати онњо пайваста чораљўї намоянд. Бояд гуфт, ки дар раванди амалї гардидани Кодекси нави андоз даромади буљети давлатї метавонад коњиш ёбад. Вале талафоти даромади буљет тавассу-


Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

ти баланд бардоштани маърифати њар як андозсупоранда, масъулияти роњбарони ташкилоту корхонањо, маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандї, таъмини пурраи ўњдадорињои ташкилоту корхонањо, аз љумла корхонањои азим дар назди буљет бояд љуброн карда шавад. Бинобар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва вазорату идорањои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар ин самт чораљўї карда, омўзиш ва корњои фањмондадињии муќаррароти Кодекси андоз дар тањрири навро барои тамоми андозсупорандагон таъмин намоянд. Дар сиёсати буљети давлатї масъалаи таъмини ўњдадории давлат оид ба њифзи иљтимоии ањолї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум минбаъд низ њамчун яке аз вазифањои аввалиндараља боќї монда, дар соли љорї хусусияти иљтимоии буљети давлатї боз њам баланд бардошта мешавад. Барои дар амал татбиќ намудани ин сиёсат мо бояд ба истифодаи маќсадноки маблаѓњо, сарфакориву самаранокї ва сифату натиљаи нињоии њар як лоиња ва барнома диќќати љиддї дињем. Њамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки харољоти маќомоти њокимият ва идоракунии давлатиро зери назорати ќатъї ќарор дода, дар ин самт аз њар гуна харољоти иловагии бесамар, аз ќабили хариди таљњизот ва наќлиёт, таъмир ва дигар харољоти дуюмдараља худдорї карда шавад. Бо маќсади паст намудани фишор ба буљет бояд захирањои дохилии мављуда бо дарназардошти устувор намудани низоми молиявї барои рушди соњањои афзалиятнок сафарбар карда шаванд, ки онњо дар оянда натиљабахш бошанд. Аз ин лињоз, ба њамаи вазорату идорањо, ташкилоту муассисањои буљетї супориш дода мешавад, ки идоракунии самараноки захирањои молиявии давлатї ва мутобиќсозии харољотро дар сатњи зарурї ба роњ монда, истифодаи маќсаднок ва самараноки њар як сомонии аз буљет људошударо таъмин намоянд. Яке аз самтњои муњимтарини таъмини рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат татбиќи сариваќтиву босифати лоињањои муштараки сармоягузорї мебошад. Њоло дар Тољикистон 57 лоињаи сармоягузорї дар соњањои энергетика, наќлиёт ва роњсозї, кишоварзиву обтаъминкунї, маорифу тандурустї ва бунёди дигар иншооти муњими иљтимоиву иќтисодї ба маблаѓи умумии ќариб 9,5 миллиард сомонї мавриди татбиќ ќарор дорад. Дар баробари имкониятњои дохилї мо ба љалби сармоягузорињои хориљї ба рушди иќтисоди миллї таваљљўњи махсус зоњир намуда, танњо дар соли 2012 љињати амалисозии 15 лоињаи сармоягузории давлатї созишномањои маблаѓгузориро ба маблаѓи беш аз 1,3 миллиард сомонї ба имзо расонидем. Илова бар ин, ба иќтисоди мамлакат ба маблаѓи беш аз 800 миллион сомонї сармоягузорињои мустаќим љалб карда шудаанд. Вале дар фаъолияти баъзе вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва махсусан марказњои татбиќи лоињањои сармоягузорї њолатњои камомад ва тасарруфи воситањои пуливу молї, харољоти ѓайримаќсадноки маблаѓњо, бо сифати паст иљро кардани корњои сохтмони ва изофанависї ба назар мерасанд. Дар соли 2012 аз љониби Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ба маблаѓи 166 миллион миллион сомонї зарари молиявї ошкор гардидааст, ки аз он 37 миллион сомонї изофанависии њаљми корњои таъмиру сохтмон, 16 миллион сомонї камомад ва тасарруфи воситањои пуливу молї, 19 миллион сомонї харољоти ѓайриќонунии захирањои пуливу молї, 25 миллион со-

3 монї талафи воситањои пуливу молї ва 63 миллион сомонї маблаѓи кам њисобгардида ва рўйпўш намудани андозњо мебошад. Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Палатаи њисоб, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия якљо бо сохтору маќомоти дахлдор вазифадоранд, ки шаффофият ва харољоти маќсадноки маблаѓњои буљети давлатї, аз љумла лоињањои сармоягузориро њамаљониба таъмин намоянд. ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Таъмини фаъолияти мураттаби корхонањои саноатї, рушди соњибкории истењсолї, њавасмандгардонии молистењсолкунандагони ватанї, таъмини раќобатпазирии мол ва кору хизматрасонињо ва дар ин замина ташкил намудани љойњои нави корї вазифаи муњими сохтору маќомоти давлатї мебошад. Њарчанд дар соли сипаригардида аз 971 корхонањои истењсолї 604 корхона нисбат ба соли 2011 бештар мањсулот истењсол намудаанд, вале 81 корхона фаъолият накардааст. Инчунин дар ин давра аз 89 намуди муњимтарин мањсулоти саноатї истењсоли 33 номгўи мањсулот кам гардида, 7 номгўй умуман истењсол нашудааст. Тањлилњо нишон медињанд, ки дар татбиќи барномањои вобаста ба рушди саноати сабук дар мамлакат як ќатор норасоиву камбудињо ба назар мерасанд. Махсусан истењсоли калоба ва газворњои пахтагї, ресмон ва матои абрешимї, мањсулоти дўзандагї, пойафзоли чармї ва ќолин нисбат ба нишондињандаи барнома дар сатњи паст ќарор дошта, инчунин коркарди пашм ба љои 6 њазор тоннаи пешбинишуда дар соли 2012 њамагї 126 тонна коркард гардидааст. Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноат бояд якљо бо вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо доир ба татбиќи сариваќтии барномањои соњавї љињати барќарорсозии корхонањои азкормонда, бунёди корхонањои саноатии коркарди ашёи хоми ватанї ва дар ин асос таъмин намудани рушди саноати сабук, хўрокворї ва масолењи сохтмон чорањои иловагї андешад. Мувофиќи маълумот соли 2012 умуман дар шањру ноњияњои мамлакат 668 корхонањои нав дар соњањои гуногун ташкил карда шуда, аз њисоби њамаи сарчашмањо беш аз 132 њазор љойњои корї таъ-

сис ва барќарор карда шудааст. Соли сипаришуда дар доираи татбиќи наќшаву супоришњои Њукумати мамлакат 332 корхонаи саноатї бо шумораи умумии ќариб 9 њазор љойњои нави корї таъсис дода шудааст. Вале иљрои наќшаи мазкур на дар њама шањру ноњияњо ба таври зарурї ба роњ монда шудааст. Имкониятњои воќеии ташкили корхонањои саноатї дар як ќатор шањру ноњияњои мамлакат њанўз ба пуррагї истифода намегарданд. Бинобар ин, вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњоро зарур аст, ки бо истифода аз њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї љињати бунёди корхонањои нави дорои технологияњои пешќадам, истењсоли молњои раќобатпазир ва хизматрасонињои баландсифат тадбирњои мушаххас андешанд. Дар ин самт Бонки миллиро зарур аст, ки барои идомаи ислоњоти соњаи бонкї љињати таъмин намудани устувории низоми бонкї, зиёд кардани шаклњои хизматрасонии муосир, фароњам овардани захирањои васеи ќарзиву сармоягузорї ба бахши воќеии иќтисодиёт, махсусан соњибкории истењсолї чорањои мушаххас андешад. Њарчанд ки дар соли 2012 аз њаљми умумии ќарзњои додашуда (6,2 миллиард сомонї) беш аз 50 фоиз ба соњибкории истењсолї рост меояд, вале ин њоло њам ќонеъкунанда нест. Аз ин лињоз, бори дигар таъкид месозам, ки Бонки миллї якљо бо Бонки давлатии "Амонатбонк", инчунин бонкњои тиљоратї ба масъалаи васеъ ба роњ мондани ќарздињї ба соњибкории истењсолї, аз љумла ба соњибкорони ноњияњои дурдасту кўњистони мамлакат ањамияти зарурї дињанд. Зеро истифодаи самараноки иќтидорњои истењсолии мављуда, њарчи бештар сохта, ба истифода додани корхонањои нави саноатї, ташкили коркарди пурраи ашёи хоми ватаниву партовњои истењсолї ва дар ин асос ба роњ мондани истењсоли молњои воридотивазкунандаву ба содирот нигаронидашуда, инчунин диверсификатсияи истењсолот аз љумлаи роњњои вусъатбахшии рушди устувори иќтисодиёти миллї ва ташкили љойњои нави корї ба њисоб меравад. Ба Вазорати рушди иќтисод ва савдо, дигар вазорату идорањо супориш дода мешавад, ки барномањои ќабулгардидаи соњавї, аз љумла Барномаи рушди содироти Љумњурии Тољикистонро дар

давраи то соли 2015, ки ба рушди истењсолот ва афзунсозии нерўи содиротии мамлакат нигаронида шудаанд, њамаљониба тањлил намуда, вобаста ба њалли мушкилоти љойдошта чораљўї намоянд. Дар ин љода, сохтору маќомоти дахлдорро зарур аст, ки љињати таъмини шаффофият, бартараф намудани омилњои коррупсионї дар содироту воридоти молњо доир ба суръат бахшидан ба масъалаи љорисозии тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молњо тавассути усули "равзанаи ягона" чорањои сариваќтї андешанд. Дар баробари ин, бо маќсади рушди босуботи минтаќањои озоди иќтисодї ва дар ин асос васеъ намудани имкониятњои истењсолии кишвар ба Вазорати рушди иќтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки лоињаи Консепсияи рушди минтаќањои озоди иќтисодиро тањия ва пешнињод намояд. ДЎСТОНИ АЗИЗ! Њукумати мамлакат љињати расидан ба яке аз њадафњои стратегии миллиамон, яъне таъмини истиќлолияти энергетикии кишвар њамаи имкониятњоро сафарбар намуда истодааст. Вале таъмини рушди устувори иќтисодиву иљтимоии кишвар моро водор месозад, ки мушкилоти норасоии барќу маводи сўзишвориро њарчи зудтар њал намоем. Бинобар ин, аз як тараф бунёду барќарор намудани иќтидорњои истењсоли нерўи барќ ва аз љониби дигар истихрољ ва истифодаи васеи дигар манбаъњои энергетикии ватанї, аз љумла ангишт дар истењсолоти саноативу эњтиёљоти иљтимоиву маишї ва насбу истифодаи таљњизоту технологияњои каммасрафи барќї, кам кардани талафоти технологии барќ ва таъмини истифодаи сарфакоронаи он аз љумлаи роњњои асосии њалли масъалаи мазкур дар марњалаи њозира мебошад. Бояд гуфт, ки талафоти технологии барќ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011ум бетаѓйир боќї монда, вазъи љамъоварии маблаѓи барќи истифодашуда ќаноатбахш нест ва њамагї 92 фоизи маблаѓи њисобишуда љамъоварї шудааст. Яъне мушкилоти пардохти ќарзи нерўи барќи истифодашуда њамчун масъалаи њалталаби соња боќї мондааст. Ба њолати 1-уми январи соли 2013 аз 282 нерўгоњњои хурди мављуда 63 адади онњо дар њолати корношоямї ќарор доранд.

сањ. 4


4

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

СУХАНРОНИИ Президенти Љумњурии Тољикистон дар маљлиси васеи Њукумати Тољикистон доир ба љамъбасти натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифањо барои соли 2013 сањ. 3 Аз ин лињоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барќи Тољик" супориш дода мешавад, ки якљо бо вазорату идорањои дахлдор љињати дарёфти сарчашмањои иловагии маблаѓгузорї ва татбиќи лоињањои бунёди нерўгоњњои барќи обии хурду миёна, хатњои баландшиддати интиќоли барќ, таъмини боэътимод ва сифатноки эњтиёљоти иќтисодиёт ва ањолии мамлакат бо нерўи барќ, оќилона истифода гардидани захирањои обиву энергетикии кишвар, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакањои энергетикї дар асоси љорї намудани технологияњои пешќадам, сарфаљўии нерўи барќ ва кам кардани талафоти технологии он чорањои мушаххас андешанд. Махсусан, зарур аст, ки љињати солимгардонии вазъи иќтисодиву молиявии Ширкати "Барќи Тољик" ва татбиќи ислоњоти сохтории он тадбирњои таъхирнопазир андешида шаванд. Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барќи Тољик" њалли масъалањои мављуда ва њарчи зудтар ба фаъолият оѓоз кардани нерўгоњи барќи обии "Сангтўда - 2", вусъат бахшидани корњо дар самти азхудкунии конњои нафту газ, инчунин якљо бо Њукумати шањри Душанбе то тирамоњи соли 2013 барќарор намудани дегхонаи "Ѓарбї" ва ба итмом расонидани сохтмони навбати якуми маркази дуюми барќу гармидињии шањри Душанберо таъмин созанд. Инчунин њамаи сохтору маќомотро зарур аст, ки љињати таъмин намудани зимистонгузарони соњањои иќтисодиву иљтимоии кишвар доир ба таъминоти ангишт, гази моеъ ва риояи рељаи интиќоли барќ ба ањолї ва иншооти иљтимоиву иќтисодї чорањои сариваќтиро амалї намоянд. ЊОЗИРИНИ МУЊТАРАМ! Рушди соњаи кишоварзї ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуќавории мамлакат яке аз самтњои муњимтарини фаъолияти Њукумат ва сохтору маќомоти давлатї ба њисоб меравад. Соли гузашта дар тамоми шаклњои хољагидории мамлакат ба маблаѓи 16,5 миллиард сомонї истењсол гардидани мањсулоти кишоварзї ва дар сатњи 10,4 фоиз таъмин гардидани рушди соња далолат медињад, ки имкони афзоиши бештари истењсоли мањсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмини фаровонии бозори истеъмолї мављуд аст. Дар натиљаи ислоњоти гузаронидашуда, ба хољагињои дењќонї додани њуќуќи интихоби мустаќилонаи кишту парвариши намудњои гуногуни зироатњо, гузаронидани кишти такрорї ва гирифтани ду - се њосил аз заминњои обї, њамчунин њалли масъалаи ќарзи хољагињои пахтакор иќтидори соњаи кишоварзї хеле афзун гардида истодааст. Бо вуљуди ин, таъкид месозам, ки имкониятњои воќеии соња љињати боз њам афзун гардонидани истењсоли мањсулоти кишоварзї, татбиќи барномањои ќабулгардидаи соњавї, коркарди нињоии мањсулот ва дар ин замина таъмин намуда-

ни фаровонии бозори истеъмолї ва рушди иќтидори содиротии мамлакат хеле зиёданд. Дар асоси Фармони Президенти мамлакат дар бораи тадбирњои иловагї доир ба рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20102014 дар соли сипаришуда дар майдони беш аз 10 њазор гектар боѓу токзори нав бунёд карда шуда бошад њам, вале на њамаи шањру ноњияњо наќшаи пешбинишударо таъмин кардаанд. Илова бар ин, дар асоси Фармоиши Њукумати Тољикистон аз 19 августи соли 2011 љињати амалишавии "Барномаи рушди соњаи ќутоспарварї барои солњои 2008-2015" ва бо маќсади ташкил намудани хољагињои зотпарварї ва рушди ќутоспарварї дар ноњияњои кўњистони мамлакат аз њисоби буљети давлатї 2,5 миллион сомонї људо карда шудааст, ки дар натиљаи беназоратї ва беањамиятии масъулон маблаѓњои давлатї тасарруф ва ќисми зиёди ќутосњо талаф шудаанд ва маблаѓи зарар ќариб 1,5 миллион сомониро ташкил кардааст. Ба Вазорати кишоварзї супориш дода мешавад, ки дар њамкорї бо вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї доир ба љараёни татбиќи барномањои ќабулгардидаи соњавї, бахусус Барномаи ислоњоти соњаи кишоварзї барои солњои 20122020 чораљўї намуда, љињати бартараф намудани камбудиву норасоињои љойдошта, зиёд намудани бунёди боѓњо ва токзори нав, рушди соњањои чорводорї ва занбўриасалпарварї, сабзавоткорї, пахтакорї, истифодаи оќилонаи обу замин ва ташкили корхонањои коркард чорањои зарурї андешад. Њамзамон бо ин, зарур аст, ки љињати дар муњлатњои муќарраргардида гузаронидани кишти бањории зироатњои кишоварзї, зиёд намудани майдони гармхонањои доимї, рўёнидани на кам аз ду њосил бо истифода аз тухмињои аълосифат, инчунин рушди соњаи тухмипарварї ва гирифтани на кам аз 50 сентнер њосили зироатњои ѓалладонагї аз як гектар замини обї, афзун намудани истењсоли картошка ва ба як миллион тонна расонидани он ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуќавории кишвар, аз љумла таъмин намудани ањолии мамлакат дар тамоми фасли сол бо мањсулоти тару тоза тадбирњои зарурї андешида шаванд. Инчунин муташаккилона гузаронидани давраи зимистонгузаронии солњои 2012-2013 ва иљрои нишондињандањои дурнамои рушди иќтисодии соњаи кишоварзї таъмин карда шавад. Дигар масъалаи муњими соња, ки ба ташкили љойњои нави корї дар дењоти кишвар ва фаровонии бозори истеъмолї мусоидат мекунад, мунтазам зиёд намудани азхудкунии ќитъањои заминњои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзї берунмонда мебошад. Љињати њалли ин ва дигар масъалањо дар соњањои кишоварзї, мелиоратсия ва обтаъминкунї њоло 16 лоињаи муштараки сармоягузорї ба маблаѓи умумии 1,2 миллиард сомонї мавриди амал ќарор дорад. Дар робита ба ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захирањои об ва Вазорати

кишоварзї супориш дода мешавад, ки дар соли 2013 доир ба азхудкунии заминњои нави обёришаванда, барќарорсозии заминњои аз гардиши кишоварзї берунмонда ва иљрои супоришњо оид ба бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо, сари ваќт амалї намудани корњои соњилмустањкамкунї чорањои зарурї андешида, љињати тезонидани раванди ислоњоти низоми ташкиливу идоракунии соњаи об ва њалли масъалаи пардохти ќарзњои маблаѓи истифодаи ќувваи барќ тадбирњои мушаххасро амалї намоянд. ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Амалї гардидани наќшањои Њукумати кишвар љињати аз бунбасти коммуникатсионї рањо намудани мамлакат барои рушди бомароми соњаи наќлиёт ва бењтар гардидани сатњу сифати хизматрасонињо заминаи боэътимод мегузорад. Дарвоќеъ, бунёди роњу наќбњои мошингард имконият дод, ки имрўз Тољикистон ба як кишвари воњид табдил ёфт. Дар мамлакат дар соњаи наќлиёт ва бунёди роњу пулњо 10 лоињаи сармоягузории давлатї ба маблаѓи беш аз 5 миллиард сомонї мавриди татбиќ ќарор дошта, дар доираи онњо танњо соли 2012 зиёда аз 400 миллион сомонї азхуд карда шудааст. Аз ин лињоз, Вазорати наќлиёт ва роњбарони марказњои татбиќи лоињањоро зарур аст, ки сари ваќту пурра ва бо сифати баланд татбиќ шудани лоињањоро таъмин намоянд. Дар баробари ин, ба Вазорати наќлиёт супориш дода мешавад, ки якљо бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї бо истифода аз имконоти молиявии дохилї ва љалби сармоягузорињои хориљї фаъолиятро дар самти банаќшагирї ва оѓози корњои бунёду таљдиди роњњои мањаллї (ноњиявї ва байниноњиявї) ва роњи оњан таќвият бахшад. Бо вуљуди вусъати корњои сохтмонї ва бунёди як силсила иншооти муњими истењсоливу иљтимої њаљми сохтмони нотамом сол то сол дар мамлакат тамоюли афзоиш дорад. Сабаби асосии зиёд гардидани иншооти сохтмонаш нотамом, пеш аз њама, ба инобат нагирифтани имкониятњои молиявї ва ѓайримаќсаднок истифода гардидани маблаѓњои људогардида мебошад. Бо дарназардошти ин, роњбарони вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадоранд, ки њангоми тањияи дурнамо, махсусан дар мавриди пешбинї намудани сохтмони иншооти нав иљрои тартиби мављударо доир ба самаранок истифода бурдани маблаѓњои људогардида, сари ваќту босифат ва мутобиќи меъёрњои замони муосир сохта, ба истифода додани иншоот таъмин намоянд. Хотирнишон месозам, ки њоло низ талаботи ќонунгузории мамлакат дар соњаи сохтмон ва меъморї, наќшањои генералии шањру ноњияњо баъзан риоя карда намешавад. Инчунин тартиби љобаљогузории сохтмони хонањои истиќоматї, дигар инфраструктураи иљтимоиву маишї ва фарњангиву фароѓатї ба талаботи замони муосир љавобгўй нест.

Бинобар ин, ба Агентии сохтмон ва меъморї супориш дода мешавад, ки дар њамкорї бо маќомоти назоратї иљрои сифатноки корњои сохтмонро зери назорати доимї ќарор дода, доир ба пешгирии ќонунвайронкуниву изофанависї, роњ надодан ба сохтмони иншооте, ки бе хулосаи ташхисї ва лоињањои нопурра сохта мешаванд, чораљўї намояд ва масъалањои баланд бардоштани сифати корњои лоињакашї, бахусус хонањои истиќоматии ба талаботи муосир љавобгў ва бо дарназардошти истифодаи технологияњои каммасрафи барќиро ба инобат гирад. МУЊТАРАМ АЪЗОИ ЊУКУМАТ! ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Масъалањои иљтимої, яъне соњањои м ао р ифу тан д ур у с тї, фа р ња н г в а њифзи иљтимоии ањолї мисли њарваќта тањти таваљљўњи хосаи Њукумат ќарор доранд ва мо вобаста ба афзоиши имкониятњои иќтисодии давлат барои рушди онњо, аз љумла њалли масалањои маориф тадбирњои мушаххасро амалї карда истодаем. Вале бо вуљуди ин, то њанўз сатњу сифати таълиму тарбия, дараљаи маърифатнокї ва малакаву мањорати хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, донишљўёни макотиби олї ва ќисме аз омўзгорон ба талаботи меъёрњои муосир љавобгў нест. Сабабњои асосии ќаноатбахш набудани раванди таълиму тарбия ва донишандўзии шогирдони мактабњои миёнаву олии кишвар, пеш аз њама, номукаммал будани наќшаву барномањои таълимї, нокифоя будани таъминоти муассисањои таълимї, алалхусус муассисањои тањсилоти миёнаи умумї бо мутахассисони ботаљрибаву баландихтисос, сатњи начандон кофии мазмуну мўњтавои китобњои дарсї, мављудияти як силсила камбудињо дар самти ба љои кор нарафтани омўзгорони љавон ва ба талабот љавобгў набудани фаъолияти роњбарони мактабњо мебошанд. Бинобар ин, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки барои баланд бардоштани сатњу сифати таълиму тарбия, таъмин кардани муассисањои таълимї бо асбобњои аёнї ва методї, њавасмандгардонии мутахассисони љавон, истифодаи маќсадноку сарфакоронаи маблаѓњои буљетї ва шартномавї, инчунин тарбияи насли наврас дар рўњияи ватандўстиву ифтихори миллї, одобу ахлоќи њамида ва эњтироми арзишњои неки милливу умумибашарї мунтазам чораљўї намояд. Боиси ташвиш аст, ки солњои охир дар байни хонандагони баъзе муассисањои таълимии кишвар зуњуроти номатлуб, аз љумла задухўрдњои гурўњї дар байни хонандагон зиёд ба мушоњида мерасад. Соли гузашта 625 љинояти аз љониби ноболиѓон, яъне шогирдони мактабњои миёна содиршуда ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2011 80 њолат зиёд буда, афзоиши он 15 фоизро ташкил медињад. Масъалаи дигари њалталаби соњаи маорифи мамлакат ин тайёр кардани кадрњо аз рўи касбњои коргарї мебошад. Аз тањлили фаъолияти муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї бармеояд, ки вазъи тарбияи кадрњои коргарї то ба њол ќаноатбахш нест. Ин дар њолест, ки талаботи бозори дохилї ва хориљии мењнат ба ихтисосњои коргарї торафт афзоиш меёбад. Чунончї, тибќи наќша дар соли хониши 2012-2013 дар муассисањои зикршуда бояд ќариб 14 њазору 200 нафар хонанда ќабул карда мешуд. Лекин дар ин давра њамагї 10 њазору 150 нафар ќабул ќабул карда шудааст, ки нисбат ба наќша 4 њазору 50 нафар кам мебошад.


5

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

Дигар ин, ки ќисми зиёди барномањо ва маводи таълимї барои тайёр кардани кадрњои коргарї њанўз солњои 80-уми асри гузашта тањия шуда, њам аз лињози методї ва њам аз љињати техникиву технологї кўњна шудаанд. Бо дарназардошти чунин вазъ, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, Вазорати маориф ва дигар вазорату идорањо вазифадоранд, ки дар баробари бартараф намудани камбудињои зикршуда љињати љалби њарчи бештари шањрвандони кишвар ба омўзиши касбњои коргарї ва такмил додани малакаи тахассусии онњо барои зиёд намудани шабакаи марказњои тайёр кардани кадрњои коргарї бо истифода аз базаи моддиву техникии муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї, инчунин љалби захирањои дохилї, маблаѓњои сармоягузорї ва гранту кўмакњои молиявии бонкњову созмонњои байналмилалї тадбирњои зарурї андешанд. Мо дар самти њифзи саломатии ањолї, баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии тиббї, тарбияи кадрњои баландихтисос, тарѓиби тарзи њаёти солим, таъмиру таљдиди муассисањои тиббии мављуда ва бунёди бунгоњу дармонгоњњои нав, инчунин таъмин кардани онњо бо таљњизоти муосири тиббї мунтазам чораљўї менамоем. Илова бар ин, барои бењтар намудани сатњи хизматрасонии тиббиву санитарї ба ањолї як ќатор барномањои миллии пешгирї, ташхис ва муолиљаи беморињо ќабул гардида, давра ба давра амалї шуда истодаанд. Вале бояд гуфт, ки татбиќи барномањои миллии ќабулшуда то њанўз ба таври бояду шояд ба роњ монда нашудааст. Дар асоси дастовардњои илми муосир ва технологияњои њозиразамон љорї намудани усулњои наву самараноки пешгирии беморињо ва ташхису табобати онњо яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти соња мебошад. Мањз бо њамин маќсад аз љониби Њукумат дар назди Вазорати тандурустї Академияи илмњои тиб таъсис дода шуд. Аз ин лињоз, Вазорати тандурустї вазифадор аст, ки љињати бартараф кардани мушкилоти мављудаи соња, аз љумла пешгирии беморињои сироятї, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббї, таъминоти соња бо мутахассисони дорои маълумоти олї ва миёнаи касбї, хотима бахшидан ба воридоти дорувории пастсифат ба кишвар ва таъмиру таљдиди муассисањои тандурустї тадбирњои мушаххас андешад. ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Аз санаи ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо" беш аз панљ сол гузашт ва чунонки њамаи шумо мушоњида мекунед, баъди ќабули ин санад бисёр пањлуњои зиндагии мо ба низом даромада, дар аксари мавридњо пеши роњи исрофкорї ва харољоти бењуда гирифта шуд. Вале њанўз њам дар баъзе шањру ноњияњо аз љониби шахсони алоњида ба ќонуншиканињо роњ дода мешавад. Барои риоя нагардидани муќаррароти ќонуни мазкур дар соли 2012 беш аз 180 маводи њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуда, ба маќомоти судї ирсол карда шудааст. Аз љумла ин нишондињанда дар вилояти Хатлон 109 адад, вилояти Суѓд 34, шањру ноњияњои тобеи љумњурї - 21 ва дар шањри Душанбе 21 адад мебошад. Бинобар ин, Кумитаи оид ба корњои дин, Прокуратураи генералї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо ва дигар сохтору маќомоти давлатиро бори дигар вазифадор месозам, ки љињати риояи њатмии муќаррароти ќонуни мазкур тадбирњои мунтазам ва ќатъї андешанд, инчунин бо маќсади баланд бардоштани масъулияти кормандони комиссияњои доимии танзими анъ-

ана ва љашну маросимњо чорањои судмандро амалї созанд. Бо маќсади бартараф кардани камбудиву мушкилоти љойдошта имрўз зарурат ба миён омадааст, ки дар Дастгоњи иљроияи Президент сохтори дахлдор оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњо аз нав таъсис дода шавад. Ќаблан изњор дошта будам, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон, муќовимат бо коррупсия, ошкор ва безарар гардонидани гурўњњои љиноятии муташаккил яке аз самтњои муњими фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ мебошад. Аммо тањлилњо нишон медињанд, ки њоло њам вазъи љинояткорї дар кишвар ташвишовар боќї мондааст. Аз ин рў, бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї ва суботу оромии љомеа маќомоти њифзи њуќуќро зарур аст, ки љињати пешгирї намудани љинояткорї, махсусан љиноятњои вазнин, ошкор намудан ва ба љавобгарї кашидани шахсони љиноят содиркарда фаъолияти худро пурзўр намуда, дар самти безарар гардонидани гурўњњои муташаккили љиноятпеша ва пешгирї кардани гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир чорањои муассир андешанд. Илова бар ин, ба вазоратњои корњои дохилї, адлия, маориф, кумитањои љавонон, варзиш ва сайёњї, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба корњои дин, Шўрои уламо, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, роњбарони маќомоти худидоракунии шањраку дењот супориш дода мешавад, ки бо љалби васеи зиёиён, шахсони обрўманду рўзгордида ва ходимони дин љињати паст кардани сатњи љинояткорї дар байни ноболиѓон ва наврасону љавонон чорањои муассир андешида, риояи муќаррароти Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд"-ро таъмин намоянд. Бори дигар таъкид месозам, ки тарбияи наврасону љавонон дар рўњияи ифтихори миллї, илму донишандўзї, забондонї ва одобу ахлоќи њамида кафолати пешрафти маънавии љомеа ва дар маљмўъ ояндаи ободи кишварамон мебошад. Бо истифода аз ширкати раисони вилоятњо ва шањру ноњияњои мамлакат мехоњам таваљљўњи шуморо боз ба як масъалаи муњим љалб намоям. Тибќи маълумоти Вазорати мудофиа

њангоми маъракаи даъвати шањрвандон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ раисони баъзе шањру ноњияњо вазифаи худро ба пуррагї иљро намекунанд. Ин аст, ки наќшаи даъват бо сифати паст ва бо кашолкорї анљом меёбад. Аз ин рў, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадоранд, ки дар давраи даъвати шањрвандон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ якљо бо комиссариатњои њарбї ва раисони комиссияњои даъватї корњои фањмондадињиро дар байни ањолї ва махсусан љавонон васеъ ба роњ монанд. Дар баробари ин, бояд ќайд намоям, ки њанўз њам дар ќисмњои низомї њолатњои риоя накардани талаботи оинномањои њарбї ва даѓалона вайрон гардидани муносибатњои байнињамдигарии хизматчиёни њарбї ба назар мерасанд. Арзу шикояти аскарон аз тарафи њайати фармондењии ќисмњои њарбї сари ваќт ва воќеъбинона баррасї карда намешавад. Гузашта аз ин, њолатњои аз њадди ваколати хизматии худ баромадани афсарон низ кам нест. Вобаста ба ин, роњбарони сохторњои низомї ва маќомоти њифзи њуќуќ, аз љумла вазоратњои мудофиа, корњои дохилї, Кумитаи давлатии амнияти миллї ва Сарраёсати Ќўшунњои сарњадї, Гвардияи миллї, Кумитаи њолатњои фавќулода ва дигар сохтору маќомот вазифадор карда мешаванд, ки доир ба пешгирї кардани амалњои ќонуншиканї аз љониби хизматчиёни њарбї мунтазам чораљўї намоянд. Прокуратураи генералї, вазоратњои мудофиа, корњои дохилї ва дигар сохтору маќомоти низомиро зарур аст, ки љињати аз тарафи хизматчиёни њарбї ба таври ќатъї риоя гардидани интизоми хизматї ва талаботи оинномањои њарбї тадбирњои ќатъї андешанд. Тамоми маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомии кишвар вазифадоранд, ки дар баробари таъмин намудани омодабошии љузъу томњои њарбї, инчунин дар самти тарбияи љисмониву ватандўстонаи афсарону аскарон ва тоза намудани сафњои худ аз шахсони бемасъулияту тасодуфї мунтазам њамаи чорањои зуруриро амалї намоянд. ЊОЗИРИНИ АРЉМАНД! Дар фарљоми сухан мехоњам боз ба як самти муњими фаъолияти њаррўзаи касбии њар кадоми мову шумо, ки ба мурољиати шањрвандон ва баррасии сариваќтии онњо иртибот дорад, изњори назар намоям.

Дар давоми соли сипаришуда ба Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон беш аз нуњ њазор мурољиати шањрвандон ворид шудааст, ки мазмуни онњоро бештар масъалањои људо намудани ќитъаи замин, расонидани кўмаки молиявї, шикоят аз ќарори судњо, норозигї аз рафтори маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва амалњои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ташкил медињанд. Шањрвандон дар мурољиатњояшон изњори норозигї мекунанд, ки бинобар сабаби дар маќомоти марказиву мањаллї дарёфт накардани њаќиќат маљбур шудаанд, ки ба Сарвари давлат мурољиат намоянд. Сабаби камбудињои љойдоштаро аризадињандагон дар бемасъулиятии кормандони маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидораи шањраку дењот ва корхонаву муассисањо мебинанд, ки онњо дар бисёр њолатњо муњлати баррасии мурољиатњоро риоя намекунанд ё ќарорњои беасосу ѓайриќонунї ќабул мекунанд. Аз ин рў, маќомоти назоратиро зарур аст, ки корро дар ин самт фаъол намуда, љињати ба љавобгарии интизомї ва маъмурї љалб намудани шахсони мутасаддии бемасъулияту фориѓбол чорањои зарурї андешанд. Зеро муайян намудани мушкилоти љойдоштаи ин ё он соња ба маќомоти давлатї њамон ваќт муяссар мешавад, ки агар масъулон мурољиати шањрвандонро мунтазам мавриди тањлилу омўзиш ќарор дињанд. Итминон дорам, ки аъзои Њукумат, роњбарони сохтору маќомоти љумњуриявї, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, инчунин мардуми бонангу номус ва мењанпарасту солори мо имсол низ барои татбиќи наќшањои тарњрезигардида ва вазифањои гузошташуда ба хотири тањкими боз њам бештари иќтидори иќтисоди давлати соњибистиќлоламон ва зина ба зина баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолї сањми арзандаву ватандўстонаи худро мегузоранд. Ба њамаи шумо дар иљрои масъулияти пуршарафу муќаддаси шањрвандиатон ба нафъи мардуми тољик ва давлати тољикон барору комёбї орзумандам. Доимо саломату сарбаланд бошед!

15.01.2013, шањри Душанбе


6

2012

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ

сањ. 1

Маљмўи мањсулоти дохилї њамчун нишондињандаи асосии макроиќтисодї 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонї зиёд гардида, дар маљмўъ њаљми он ба 36,2 млрд. сомонї расида, ба њар як сари ањолї 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011ум 17,7 фоиз зиёд аст. Сатњи таваррум дар бозори истеъмолии љумњурї дар соли 2012 -ум 6,4 фоизро ташкил дод. Наќшаи иљрои даромади љории Буљети давлатї дар сатњи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонї маблаѓ ворид шуд. Дар соли 2012 Президенти кишвар Эмомалї Рањмон зимни 12 сафар аз 21 шањру ноњияи кишвар дидан карда, бо вазъи зиндагии мардум аз наздик шинос шуд. Дар љараёни ин сафарњо садњо иншооти нав мавриди истифода ќарор гирифта, бунёди садњо таъсисаи дигар оѓоз ёфт, ки аз татбиќи босамари сиёсати созандагию бунёдкории давлату њукумати кишвар гувоњї медињад. Њамин тариќ, Сарвари давлат аз шањру ноњияњои Хоруѓ, Шуѓнон, Рўшон, Хуљанд (2 бор), Бобољон Ѓафуров, Конибодом, Исфара, Чкалов, Айнї, Панљакент, Шањристон, Истаравшан, Ќайроќќум, Данѓара (2 дафъа) Ёвон, Рашт, Тавилдара, Роѓун, Вањдат, Рўдакї ва Њисор (3 маротиба) дидан карда, ба љараёни рушду нумуи онњо такон бахшид. Нахустин сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар моњи майи соли 2012 ба ноњияњои Рашт, Тавилдара ва Данѓара рост омад. Њадафи сафар ба ноњияњои Рашту Тавилдара шиносої бо вазъи зиндагии мардуми аз боришоти зиёди борон ва заминларзаи рўзи 13

ќисман ва ё пурра хароб гаштаанд. Аз ин хотир, худи сокинони ин дењот дархост намуданд, ки онњо ба љойњои бехавф, аз љумла ба ноњияњои вилояти Хатлон кўчонда шаванд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба масъулон дастур дод, ки њарчи зудтар њаљми зарари расида ва шумораи оилањои бесарпаноњмондаро даќиќ намуда, ба њамаи оилањое, ки хонањояшон осеби љиддї дидаанд, барои сохтмони хонањои нав дар мавзеъњои бехавфи зодгоњашон ва ё дар ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлон замини наздињавлї ва масолењи сохтмонї људо намоянд. Мањаллањои нави ањолинишинро бо тамоми инфрасохтори зарурї, аз љумла мактаб, бунгоњи тиббї, хатњои барќу об ва ѓайра бунёд кунанд. Тибќи супориши дигари Сарвари давлат, дар љойи мактаби харобгардидаи дењаи Руботноли ноњияи Тавилдара, як мактаби нави замонавї аз њисоби Фонди захиравии Президенти Љумњурии Тољи-

май зарардида ва чорањо андешидан барои ёрї ба мардум ва барќарор намудани манзили истиќоматї ва дигар биноњои пурра ва ё ќисман харобгардида буд. Сарвари давлат ба масъулони љумњуриявию мањаллї дастур дод, ки хонањои харобгаштаи ноњияи Раштро то моњи сентябри соли 2012 бо ашёи рўзгорашон барќарор намоянд. Аён гардид, ки асосан хонањои дењоти хурд-хурди ноњияи Тавилдара, ки аз сангу лой бе истифода аз семент ва дигар масолењи сохтмонии устуворкунанда, бе риояи ќоидањои бехатарї ва аксаран дар роњњои селгузар ва ё мавзеъњои фуруд омадани ярчу тарма сохта шудаанд,

кистон сохта ва таљњизонида хоњад шуд. Соли 2012 Сарвари давлат Эмомалї Рањмон 2 сафари корї ба ноњияи Данѓара анљом дод. Рўзи 17 май дар ноњияи Данѓара бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корї доир намуда, њамроњ бо онњо дар њашари умумии дарави алафњои табиї ва љамъоварии хўроки дурушти чорво иштирок намуд. Президенти кишвар таъкид дошт, ки дар сурати хуб љамъоварї ва захира кардани алафњои табиї ноњияи Данѓара метавонад натанњо талаботи худро пурра бо хўроки дурушти чорво таъмин намояд, балки ба ноњияњои зиёди дигар ёрї расонад. Бо ёдоварї аз зимистони шадиду

тўлонии гузашта ва ба норасоии хўроки чорво рў ба рў омадани бештари чорводорони кишвар, ба роњбарони шањру ноњияњои дигари вилояти Хатлон низ таъкид кард, ки мардумро ба дарави алафњои табиї ва љамъоварии фаровони он сафарбар намоянд. Зимни сафари дуюми Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба ноњияи Данѓара, ки моњи сентябр љараён гирифт, пеш аз њама 2 мактаби нави замонавї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Аз љумла мактаби тањсилоти миёнаи њамагонии раќами 70, ки аз љониби "Тољиксодиротбонк" бо харљи 16 миллиону 400 њазор сомонї бунёд ёфта, дорои 24 синфхонаи зебову муљањњаз барои 1300 хонанда дар ду баст мебошад. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ин иќдоми роњбарияти "Тољиксодиротбонк"-ро "посухи арзандаи соњибкорони хусусї ба даъватњои Сарвари давлат доир ба иштироки васеъ дар ободонии Тољикистони азиз ва дасти ёрї дароз кардан ба ниёзмандон" номида, ба онњо арзи сипос кард. Дувумї мактаби зебои президентї буд, ки аз љониби Сарвари давлат Эмомалї Рањмон мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Солњои охир бо ибтикори наљиби Президенти кишвар дар шањру ноњияњои гуногуни кишвар мактабу литсейњои президентї барои хонандагони болаёќат бунёд меёбанд ва ин 7-умин мактаб аз ин силсила мебошад. Ин мактаби хуштарњи замонавї барои 640 нафар хонандаи болаёќат аз ноњияи Данѓара ва дигар ноњияњои вилояти Хатлон пешбинї шудааст. Њам хонандагон ва њам омўзгорон ба ин мактаб аз тариќи озмун ќабул карда мешаванд. ��арои омўзгороне, ки аз роњњои дур барои кор ба ин мактаб љалб мешаванд, се бинои бисёрошёнаи истиќоматї бо 90 хона бунёд меёбад. Њоло як бинои он бо 30 хона мавриди истифода ќарор дорад. Мактаб барои њамаи 640 нафар хонанда 2 хобгоњ дорад - яке барои писарон ва дувумї барои духтарон, ки дорои њама шароитњои хондану зистан мебошанд. Дар ноњияи Данѓара Сарвари давлат Эмомалї Рањмон, њамчунин бо кори чанд хољагии дењќонї ва анбори ѓалладонагињои хољагии "Сомонљон" шинос шуд. Тавре зикр гардид, ноњияи Данѓара калонтарин ноњияи ѓаллакори кишвар буда, натанњо бо њосили фаровони ѓалла, балки бо рушди босуботи боѓдорї, пахтакорї, сабзавоткорї ва чорводорию паррандапарварї дар таъмини амнияти озуќавории Тољикистон наќши муњим мегузорад. Љамъбасти натиљањо нишон дод,

ки ањли зањмати ноњия аз њамаи намуди хољагињо беш аз 100 њазор тонна ѓалла љамъоварї намудаанд. Ѓаллакорони ноњия, натанњо дар истењсол ва фурўши ѓаллаи истеъмолї, балки ѓаллаи тухмї низ таљриба ва малакаи баланд доранд. Танњо соли 2012 наздики 5 њазор тонна тухмии ѓалла омода шуд. Умуман дар ноњияи Данѓара он рўзњо беш аз 10 њазор тонна ѓаллаи тухмї барои фурўш омода буд. Соли 2012 Сарвари давлат Эмомалї Рањмон 3 маротиба ба ноњияи Њисор сафари корї анљом дод. Зимни сафари якум ба ин ноњия, ки ба моњи май рост омад, бо рафти навсозии роњи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардњои кишоварзони ноњияи Њисор дар бахшњои ѓаллакорї, пахтакорї, боѓутокпарварї ва чорводорї шинос шуд. Дар яке аз фермањои чорводории хољагии "Баракат", аз љумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин љо ширдўшии мошинї бо навтарин технологияи олмонї ба роњ монда шудааст. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз суръати сусти навсозии роњи мошингарди Душанбе-Турсунзода изњори нигаронї карда, барои тезондани он ба масъулон супоришњои мушаххас дод. Ба кори ибратбахши дењќонону чорводорони асили хољагињои дењќонии "Ватан" ба номи Њайдар Миров ва хољагии чорводории "Баракат"-и ин ноњия ошно гардид. Бори дуюм Сарвари давлат Эмомалї Рањмон 7 октябр ба боѓу токзор ва заминњои полезии лалмии ќисмати кўњистони ноњияи Њисор ташриф оварда, дар љамъоварии њосили фаровони зањмати дењќонону боѓпарварон бевосита иштирок намуд. Дар ин боѓу токзори лалмї, ки бо супоришу њидояти Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бунёд ёфтааст, зиёда аз 5 њазор нафар аз ањолии мањаллї бо кор, маоши хуб ва њамчунин бо меваи хушлаззату њезум таъмин мегарданд. Ањолии дењоти атроф ќаблан дар ин заминњо гандуми лалмї кишт карда, њосили ночиз мегирифтаанд. Њоло бошад, даромаднокии онњо аз боѓу токзор дањњо маротиб афзудааст. Зимни боздиди сеюми худ аз ноњияи Њисор Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар дењаи Ѓайратободи Љамоати дењоти Сомон як мактаби нави замонавиро, ки бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинї шуда, бо харљи ќариб 9 миллион сомонї маблаѓњои буљети љумњуриявї бунёд ёфтааст, мавриди бањрабардорї ќарор дод ва ба сохтмони ќариб 10 иншооти љашнї, ки то соли 2015 ба истиќболи солгарди сењазоруми Њисори Шодмон бояд сохта ба истифода дода шаванд, оѓоз бахшид. Дар миёни онњо варзишгоњи марказии ноњияи Њисор бо 20 њазор љойи нишаст, Муљтамаи гимназияи президентї, ки барои 640 нафар хонандаи болаёќат пешбинї шуда, дорои биноњои таълимї, 2 хобгоњи алоњида барои писарон ва духтарон, 2 бинои 9-ошёнаи истиќоматї бо 72 хона барои омўзгорон ва дигар биною иншооти ёрирасон хоњад буд, Боѓи марказии фарњангию фароѓатї дар майдони 23 га, чойхонаи боњашамати миллї, як мактаби тањсилоти њамагонї барои 1280 хонанда дар ду баст, ќасри боњашамати фарњангї бо 700 љойи нишаст дар толори асосиаш, бинои сеошёнаи китобхона ва бинои 4-ошёнаи осорхонаи Њисори Шодмон мебошанд. Њамчунин Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургї, ки дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад, шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, навбати аввали он моњи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он соле то 450 њазор тонна оњанпора коркард хоњад шуд.


7

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН Дар навбати дуюми корхона истењсоли мањсулот аз хокаи оњан ва дигар маъданњо, ки аз конњои Тољикистон ва хориљи кишвар дастрас мегарданд, ба роњ монда мешавад. Њангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимї ва маоши хуб таъмин хоњад шуд. Дар дараи Алмосї, ки аз бењтарин минтаќањои истироњату саёњати Њисор ва кулли Тољикистон ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Академияи футболи "Истиќлол" мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар ин љо биноњои маъмурї, таълимї, хобгоњ, ошхона, њаммом ва майдонњои машќу тамрини футбол ва тарбияи љисмонї дар маљмўъ барои ќабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст. Аз миёни 2 њазор нафар довталаб тариќи озмун 80 нафар наврас ќабул шуд ва ќабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад. Академияи футболи "Истиќлол" бо њолати имрўза имкон дорад, ки 140 нафар наврасро барои омўзиш ќабул намояд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба масъулон дастур дод, ки дар ин љо боз як бинои таълимї сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дўстдорони навраси футбол дар ин академия натанњо мањорату малакаи футболбозї меомўзанд, балки њамзамон ба тањсилоти миёнаи умумї фаро гирифта мешаванд. Ваќти бозгашт аз ноњияи Њисор Сарвари давлат Эмомалї Рањмон, ба рафти корњои навсозии роњи мошингарди Душанбе-Турсунзода шинос шуд. Корњои тахту њамворкунї, васеъсозї ва устуворгардонии ќабати поёнии роњ дар 37 км ин шоњроњ бо суръати баланд идома дорад. Ба ин кор 200 техникаю механизми роњсозию боркашонї ва 531 нафар роњсоз, ки зиёда аз 70 фоизашон шањрвандони Тољикистон мебошанд, љалб шудаанд. Аз моњи апрел то моњи декабр дар ин ќитъаи роњ ба њаљми 14 миллион доллари амрикої корњо иљро гардидаанд. Таъкид гардид, ки тамоми корњо бо сифати олии сатњи байналмилалї анљом дода шаванд, зеро ин нахустин роњи дараљаи якум дар Тољикистон хоњад буд ва он аз дигар роњњо бояд фарќи калон дошта бошад. Зимни се сафари корї ба вилояти Суѓд, ки дар моњњои июн, октябр ва ноябр љараён доштанд, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои Хуљанд, Чкалов, Бобољон Ѓафуров, Ќайроќќум, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шањристон ва Айнию Панљакент ташриф овард. Њангоми сафари якум, ки дар арафаи Рўзи Вањдати миллї љараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалї Рањмон як ќатор иншооти љашнии бахшида ба 15-солагии ин санаи фархундаро ба истифода дода, ба сохтмони чандин иншооти дигар оѓоз бахшид ва њамчунин аз рафти машќњои низомии муштараки кишварњои аъзои Созмони њамкории Шанхай "Рисолати сулњљўёна" назорат намуд. Дар шањри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон хобгоњи хуштарњу замонавии мактаби президентї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт, ки бо харљи 5,5 млн. сомонї бунёд ёфта, дорои 61 њуљра барои 400 нафар хонанда мебошад. Хобгоњ бо тамоми таљњизоти замонавї, аз љумла катњои дуќабатаи хоб, љевонњои либосу китоб, мизу курсї, толори варзишї ва лавозимоти машќ муљањњаз шудааст. Президенти кишвар барои дастгирии рушди минбаъдаи сифати таълиму тарбия ба масъулон дастур дод, ки то моњи сентябри соли 2013 дар назди он як би-

нои истиќоматии дорои 46 хона сохта барои истифода ба омўзгорон дињанд. Дар шањри Чкалов Президенти кишвар Эмомалї Рањмон њамчунин ба коргоњњои ширкати "Элегант" ташриф оварда, бо кори ибратбахшу пурсамари соњибкорони мањаллї шинос шуд. Тавре маълум шуд, дар ин корхона њоло 70 нафар коргару мутахассис соњиби кори доимї шуда, аз 700 то 1,5 њазор сомонї маош мегиранд. Роњбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат марњилаи нави рушди соња - њосил намудани нах ва пахтаи минералї аз санги табииро ба роњ монданианд, ки лоињаи нави инноватсионї мебошад. Нах ва пахтаи минералї минбаъд барои бетаѓйир нигоњ доштани гармї ва ё сардї дар хонаю иморатњо ва њам зарфу лўлањои нигоњдорї ва ё интиќоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сўзишворї барои ин њадафњо мегардад. Дар ин корхона 300

навсозии роњњои дохилии он оѓоз ёфт. Барои ин мошину механизми зиёди муосири роњсозї сафарбар гардидааст. Сарвари давлат дастур дод, ки худи њамин сол њамаи 11 км роњњои дохили шањри Конибодом пурра навсозї шавад ва мужда расонд, ки барои ин 3 миллион сомонї маблаѓњои љумњуриявї низ људо карда мешавад. Сипас Маркази тиљоратию истењсолии "Созмон" мавриди истифода ќарор гирифт, ки дар он 55 нафар бо кори доимї таъмин мешавад. Бо маслињати Сарвари давлат Эмомалї Рањмон соњибкор Дилмурод Отахонов уњдадорї гирифт, ки коргоњњои истењсолиро васеъ намуда, дар зарфи як соли оянда боз 150 љойи нави корї муњайё месозад. Дар гўшаи дигари шањри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат як мактаби наву замонавї, ки бо харљи 2,1 миллион сомонї дар заминаи як бинои валангор бунёд ёфтааст, мавриди бањрабардорї

нафари дигар бо кор таъмин хоњад шуд. Сипас дар минтаќаи озоди иќтисодии "Суѓд"-и шањри Хуљанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон корхонаи нави "Равзана пластик" ифтитоњ ёфт. Ин нахустин корхонаи истењсолкунандаи профилњои пластикї дар Тољикистон буда, бо харљи 1,2 млн. доллари амрикої бунёд ёфта, бо 3 хати технологї барои тавлиди 7 намуди профилњои пластикї омода шудааст. Аз моњи апрели соли 2009 дар минтаќаи озоди иќтисо��ии "Суѓд" 7 корхонаи нави истењсолї ба фаъолият шурўъ намуда, 13 субъекти дигар ба ќайд гирифта шудааст. Њоло дар субъектњои ин муассиса истењсоли зиёда аз 20 намуд ќубурњои пластикї бо ќутрњои гуногун, ноќилњои барќї, панелњои офтобї, обкашњои амудї ва рангњои сохтмонї истењсол мешавад. Зимни боздид аз намоишгоњи мањсулоти корхонањои саноатии вилояти Суѓд, аз љумла зикр гардид, ки танњо соли 2011 65 корхонаи нави хурду миёна бунёд ёфта, дар онњо 2300 нафар бо кори доимї ва маоши хуб таъмин шуд. Соли 2012 бошад, тибќи наќша бояд 100 корхонаи нав бо 3,5 њазор љой ба кор дароварда шавад. Сарвари давлат зимни суњбат бо соњибкорони ватанї таъкид намуд, ки Њукумати кишвар сиёсати дастгирии соњибкории истењсолї ва афзалият додан ба соњањои таъминкунандаи бозори дохилї бо мањсулоти воридотивазкунандаро босубот идома медињад. Дар шањри Конибодом, ки яке аз минтаќањои муњими саноатию кишоварзии вилояти Суѓд ба шумор меравад, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон

ќарор гирифт. Мактаб дорои 40 синфхона, 8 утоќи корї, ошхона, майдончаи варзишї ва ѓайра буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинї шудааст. Аз ифтитоњи он мактаббачагон ва волидони онњо басо шод гардиданд, зеро то ин ваќт дар мањалли мазкур ягон мактаб вуљуд надоштааст. Дар хољагии ба номи Энаљон Бойматоваи шањри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дарави ѓаллаи обї оѓоз ёфт. Маслињат дода шуд, ки њосили ѓалларо аз ин ва дигар заминњои обї њарчи зудтар љамъоварї карда, дар љойи он кишти такрориро ба роњ монанд, то ки истифодаи пурсамари он ва рўёндани ду ва зиёда њосил таъмин гардад. Дар њамин љо њамчунин анвои гуногуни меваю сабзавот, тухмињои серњосили зироатњои кишоварзї, асали бањорї ва дигар мањсулот ба намоиш гузошта шуд. Зимни шиносої бо гўшаи занбўрпарварон, аз љумла зикр гардид, баъди ќабули Барномаи давлатии рушди ин бахш, яъне аз соли 2003 то кунун истењсоли асал ва дигар мањсулоти занбўр беш аз 7 баробар афзудааст. Дар шањри Исфара Сарвари давлат Эмомалї Рањмон нахуст ба мавзеи Моњпарї ташриф оварда, бо љараёни шодоб гардондани заминњои ташналаб шинос шуд. Тавре зикр гардид, 8 километри канали обёрї, ки дарозии умумиаш 10 км хоњад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моњпарї расидааст. Дар њузури Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар фазои тантанавї ба канали Моњпарї ва ин мавзеи ташналаб оби њаётбахш сар дода шуд. Намунаи ибрат аст, ки беш аз 4 километри ин канал дар давоми 2 моњ бе

харљи маблаѓњои буљетї аз љониби мардум ба тариќи њашар канда шуд. Бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд 3 њазор га замин шодоб ва дар 800 гектари он барои беш аз 5 њазор хонавода ё худ 40 њазор кас мањаллањои нав бунёд гардад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо гузоштани хишти аввал ба мактабу маркази саломатї ва нахустин хонаи истиќоматї ба бунёди мањаллањои нави ањолинишин оѓоз бахшид. Ин мањаллањо дорои 2 мактаби замонавї бо 1150 љойи нишаст дар як баст, як маркази саломатї, 2 њаммом ва дигар иншооти иљтимоию зербиної хоњанд буд. Дар ин мавзеъ асосан оилањои ниёзманди дењањои серањолии Чоркўњ, Ворух, Чилгазї, Кулкант, Нефтобод ва ѓайра, ки мушкилоти љиддии манзилї доранд, љойгир карда мешаванд. Дар маркази шањри Исфара бо иштироки Сарвари давлат се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ифтитоњ ёфт. Дар 3 корхона беш аз 220 нафар бо кори доимї таъмин гардид. Мањсулоти ин се корхона асосан ба содирот ба Русия, Беларусу Украина ва давлатњои Иттињоди Аврупо нигаронда шудааст. То охири соли 2013 шумораи корхонањои коркард ва бастубанди меваи хушк дар шањр ба 15 адад мерасад. Соњибкорони исфарагї азм доранд, ки як адад чунин корхона дар шањри Кўлоб низ бунёд намуда, меваю сабзавоти ин минтаќаи пурфайзу баракатро мавриди коркарди саноатї ва бастубанд ќарор дињанд ва иќтидори содиротии ширкатњои худро афзун намоянд. Зимни боздид аз варзишгоњи марказии шањр дастур дода шуд, ки онро навсозї намуда, дорои 20 њазор љойи нишаст созанд. Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалї Рањмон њамчунин љараёни ќисмати нињоии машќњои байналмилалии љузъу томњои низомии Ќуввањои мусаллањ ва неруњои махсуси давлатњои аъзои Созмони њамкории Шанхайро, ки бори нахуст дар Тољикистон сурат мегирифт, дар машќгоњи њарбии Чоруќдаррони вилояти Суѓд назорат намуд. Барои иштирок дар ин машќњо беш аз 2,5 њазор низомї, зиёда аз 300 адад техникаи вазнини зирењпўш ва 50 чархболу њавопаймои љангї сафарбар шуда буд. П р е з и д е н т и Т о љ и к и с т о н, С а р фармондењи олии Ќуввањои мусаллањ Эмомалї Рањмон ба мањорати муштараки нишондодаи иштирокдорони машќњо бањои баланд дода, роњбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторњои ќудратии кишварро ба таќвияти доимии омодагии њарбии њайати шахсї ва пайваста сайќал додани мањорати касбии онњо њидоят намуд. Зимни сафари дуюм ба вилояти Суѓд Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз шањру ноњияњои Айнї, Панљакент, Шањристон, Истаравшан, Ќайроќќум ва Хуљанд дидан карда, як зумра иншооти нави иљтимоию иќтисодї, зербиної ва фарњангиро ифтитоњ намуд ва бо мардуми касбу кори гуногун суњбатњои судманд анљом дод. Дар дењаи Сангистони ноњияи Айнї Президенти кишвар Эмомалї Рањмон мактаби нави замонавиро мавриди бањрабардорї ќарор дод, ки бо маблаѓи ќариб 4 миллион сомонї аз њисоби буљети љумњуриявї барои 640 хонанда дар ду баст бунёд ёфта, дорои 25 синфхонаи таълимии љавобгў ба њама талаботи замон ва озмоишгоњњои фаннии физика, кимиё, њамчунин дорои толори калону барњавои варзишї мебошад.

сањ. 8


8

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

2012

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ

сањ. 7

Дар шањри Панљакент Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба навсозии роњи Айнї-Панљакент, ки дарозиаш 114 км ва пањноияш 12-15 метр аст, оѓоз бахшид. Ин лоиња бо харљи 650 миллион сомонї татбиќ мегардад, ки наздики 500 миллиони он маблаѓњои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиња, њамчунин 60 км роњњои мањаллии ноњияи Айнї ва шањри Панљакент навсозї мешаванд. Ин лоиња њамчунин сохтмону навсозии 31 адад пулро бо масофаи ќариб 900 метр ва чароѓон намудани 41 километр роњњои мањалњои ањолинишин ва хариди техникаву таљњизоти нигањдории роњро ба маблаѓи 12 миллион сомонї дар назар дорад. Њангоми татбиќи ин лоиња то 500 нафар сокини мањаллї давоми 2-3 соли оянда бо кор ва маоши хуб таъмин хоњад буд. Пас аз ин боз як рўйдоди пурфарањ ба миён омад - наќби мошингарди Шањристон, ки дорои ањамияти љумњуриявї аст, ифтитоњ ёфт. Пас аз буридани лентаи рамзї, ќатори мошинњои Сарвари давлат ва њамроњони ў аввалин шуда, аз љануб ба шимоли наќб убур карданд. Ба бунёду таљњизи наќби мошингарди Шањристон, ки дарозиаш 5253 метр мебошад, бо 5289 метр наќби њаводињандааш ќариб 430 миллион сомонї равона гардидааст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба муњандисону бинокорон ва њамаи онњое, ки дар бунёди ин иншооти бузург сањми сазовор гузоштаанд, хусусан ба роњбарияти Љумњурии Мардумии Чин ва мутахассисони роњсози ин кишвар изњори сипос кард.

Дар варзишгоњи марказии шањри Истаравшан, ки бо харљи 13 миллион сомонї маблаѓњои буљетї навсозї ва дорои 18 њазор љойи нишаст гардид, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба ифтихори ифтитоњи наќби мошингарди Шањристон барномаи бошукўњи фарњангї намоиш дода шуд, ки саршор аз сањнањои тарѓибгари бунёдкорию созандагї, вањдатофарї ва сулњу осоишу дўстї буд. Дар шањри Истаравшан, њамчунин бинои нави филиали "Агроинвестбонк" бо 65 љойи корї ва бинои чорошёнаи Маркази тиљоратию хизматрасонии "Ситораи Шарќ" бо 120 љойи кор мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар тарабхонаи бо наќшу нигор ва кандакории тољикї ороёфтаи марказ аз љониби ин соњибмулки хусусї барои 11 љуфти љавони навхонадор ва 33 писарча аз оилањои ниёзманд тўйи арусї ва хатнасури якљоя ороста шуд. Дар шањраки Консойи шањри Ќайроќќум Сарвари давлат Эмомалї Рањмон нахуст ба корхонаи саноатии "Апрелев-

Иттилоъ дода шуд, ки њоло дар Тољикистон 57 лоињаи сармоягузорї бо маблаѓи умумии беш аз 9 миллиард сомонї амалї мегардад, ки дар доираи онњо ояндаи наздик боз садњо километр роњњо ва наќбу пулњо сохта ва ё навсозї хоњанд шуд. Дар шањри Истаравшан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон як мактаби тањсилоти миёнаи њамагонї дар дењаи Ќалъачаи Гули Зард, ки бо сарфи 4 миллион сомонї барои 640 хонанда дар ду баст пешбинї шудааст ва варзишгоњи марказии шањр баъди тармиму навсозии куллї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт.

ка" ташриф овард. Дар заминаи ин корхонаи дар гузашта овозадор бо сармоягузории муштараки Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ширкати канадагии "Далф" ширкати муштараки истењсоли тиллою нуќра бунёд ёфтааст, ки дар он беш аз 850 нафар бо кори доимї ва маоши хуб таъмин мебошад. 51% сањмияњои корхона аз Њукумати Тољикистон ва 49% аз ширкати "Далф"-и Канада мебошад. Њоло дар ин корхона соле 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуќра истењсол карда мешавад. Барои тавсиа додани кор ва зиёд намудани истењсоли мањсулот, аз љумла вусъат додани корњои геологї ва аз худ намудани ќитъањои нави конњои

тиллою нуќра то соли 2015 бояд 100 миллион доллари амрикої сармоягузорї карда шавад. То соли 2015 тибќи наќша бояд истењсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва нуќра ба 3 тонна расонда шавад. То он ваќт шумораи коргарон ба 12001300 нафар хоњад расид. То охири соли 2012 дар ин љо 10 миллион доллари амрикої сармоягузорї шудаас��. Сањми корхонаи "Апрелевка" дар ташаккули буљети давлатї намоён аст, зеро танњо дар 9 моњи соли 2012 ба буљаи давлат 13 миллион сомонї андоз супоридааст. Ѓайр аз ин барои ободонии шањраки кўњкорони Консой њар сол аз 800 њазор то 1 миллион сомонї маблаѓгузорї мекунад. Роњбарияти корхона барои коргарон, ошхонаи зебо, њаммом ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд намудааст. Дар шањраки Консой бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, њамчунин як корхонаи хурди заргарї бо номи "Зари Тољик" ифтитоњ ёфт. Ин корхона њам бо сањмгузорї ва дастгирии ширкати муштараки "Апрелевка" аз љониби соњибкорони мањаллї бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргар, асосан занону духтарон ба кор љалб шудаанд. Маоши онњо вобаста ба сатњи касбият, сифат ва њаљми корашон аз 500 то 5 њазор сомониро ташкил медињад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуќра ва металлњою сангњои ќиматбањо дар Тољикистон ва њам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориљи кишвар ба ороишоту љавоњирот, ба роњбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истењсоли мањсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моњи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд. Дар пањлўи корхонаи "Зари тољик" як коргоњи дўзандагї њам ифтитоњ ёфт, ки дар он 30 нафар занону духтарон соњиби кори доимї шудаанд. Зимни боздиди навбатї аз шањри Х у ља нд С ар в а р и д а в л ат Э мо ма л ї Рањмон нахуст дар яке аз маљмаањои истењсолии он ду коргоњи нави истењсолї, ки аз љониби соњибкорони мањаллї бунёд ёфтааст, мавриди бањрабардорї ќарор гирифт ва бо ин шумораи коргоњњои ин маљмаа ба 8 адад ва шумораи коргаронаш ба 200 кас расид. Нахуст коргоњи дуюми дўзандагї ба кор дароварда шуд, ки дар он 100 нафар занону духтарон ба кори доимї љалб гардидаанд. Дар ин коргоњ њама либосњои мактабї ва њамчунин шимњои љинс барои кўдакон ва занону мардон аз матоъњо ва риштањои сирф пахтагини истењсоли ватанї дўхта мешаванд. Коргоњи ќаблии дўзандагии ин маљмаа ба дўхтани кимано ва дигар анвои либоси варзишї ихтисос дода шудааст. Мањсулоти либосвории ин корхона ба

талаботи љањонии сифат љавобгў буда, беш аз 90%-аш ба хориља содир мешавад. Дар коргоњи истењсоли ќуттињои картонї дар як сол беш аз 120 њазор дона чунин мањсулот бо тарњу намо ва андозаи гуногун барои бастубанди меваю сабзавот ва дигар анвои хўрокворї тавлид меёбад. Дар ин маљмааи саноатї як коргоњи истењсоли коѓаз низ ба кор дароварда шуд, ки дар Тољикистон нахустин мебошад ва дар як шабонарўз беш аз 50 тонна коѓаз тавлид меёбад. Дар зарфи як соли оянда дар ин љо боз як коргоњи дигар бунёд ёфта, дар он истењсоли мањсулоти коѓазу картонии рўзгор, аз љумла дастрўмолњои гигиенї ба роњ монда мешавад. Тавре аён мегардад, солњои охир бунёди корхонањои нави саноатї ва истењсоли мањсулоти ватанї дар љумњурї ва хусусан дар вилояти Суѓд, ављ гирифтааст. Аз љумла танњо дар шањри Хуљанд дар зарфи 9 моњи соли 2012 30 корхонаи нави саноатї аз љониби соњибкорони хусусї бунёд ёфтааст. Корхонањои хурди саноатии аз љониби соњибкорон дар соли 2012 бунёдёфта бо 2 њазор љойи корї ба 100 адад мерасад, Дар шањри Хуљанд як мактаби хусусии тањсилоти миёнаи њамагонї њам мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Ин мактаб аз љониби соњибкорони хусусї - падару писар Абдуалї ва Абдумалик Ќурбоновњо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муљањњаз барои 500 нафар хонандаи хушлаёќат дар 2 баст пешбинї шудааст. Дар он 65 нафар муаллими соњибтаљриба бо маоши миёнаи 1200 сомонї ба кор ќабул шуд. Дар толори бузурги варзишии навбунёд, ки аз љониби падари гўштигири номдори тољик, чемпиони 3-каратаи љањон Комроншоњи Устопириён бунёд ёфтааст, Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо варзишгарони љамъомада суњбати самимї анљом дод ва онњоро ба машќу тамрини мудом ва муаррифии шоистаи Тољикистони азиз дар арсаи минтаќа ва љањон њидоят намуд. Дар шањри Хуљанд, њамчунин майдони яхи сунъї ифтитоњ ёфт, ки бо харљи 2,5 миллион сомонї дар масоњати 1200 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз ин раванд изњори ќаноатмандї карда, њамзамон ба муњайёсозии шароити боз њам бештару бењтар барои тарбияи варзишгарони наврасу љавони кишвар ба масъулони љумњуриявї ва вилоятию мањаллї дастур дод. Њадаф аз сафари сеюми Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар ин сол ба вилояти Суѓд аз иштирок дар тантанањои таљлили солгарди 20-уми Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба вилояти Суѓд буд. Дар оѓози ин сафар дар осоишгоњи овозадори "Бањористон", ки дар соњили бањри тољик - обанбори неругоњи Ќайроќќум ќарор дорад, як бинои нави 6-ошёна ифтитоњ ёфт. Дар сањни њавлии осоишгоњ миёни Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ва иштирокдорони Иљлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, аз љумла намояндагони мардумии даъвати солњои 1990-1995 ва шахсиятњои шинохтаи кишвар, ки дар он солњои вазнин ба халќу ватани худ хизматњои пурарзиш намудаанд, суњбати самимии тўлонї сурат гирифт. Президенти кишвар ба њамаи онњо бори дигар барои хизматњои шоёнашон дар пешгирї аз љангу хунрезї, барќарор кардани сулњу оромї ва дубора сарљамъ намудани мардуми парешоншудаи Тољикистон, аз нав гузоштани асосњои давлатдории навини тољикон арзи сипосу ќадрдонї намуд.


9

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН Ба роњбарияти осоишгоњи "Бањористон" дастур дода шуд, ки барои истироњату фароѓат ва солимгардонии онњо тамоми шароити зарурї муњайё карда шавад. Зимни шиносої бо шароити тиббии ташхису муолиља, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияњои љањонї муњайё гардидааст, аз љумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 љойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассиси хуби тиббию хизматрасонї бо кори доимї таъмин гардидааст. Шумораи умумии кормандони осоишгоњ ба 400 нафар расид. Бо ифтитоњи ин бино кунун осоишгоњи "Бањористон" имкон дорад, ки дар як баст то ба 800 нафар хизматрасонии хушсифат пешнињод намояд. Дар фасли тобистон имкон аст, ки шумораи истироњаткунандагон то ба њазор нафар дар як баст расонда шавад. Мавриди зикри хос аст, ки сабабгори асосии умри дубора пайдо намудану пешсафи ин соња шудани осоишгоњи "Бањористон" ба он таваљљуњ зоњир намудани Сарвари давлат Эмомалї Рањмон гардид. Бо пешнињоди Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар соњили назди осоишгоњи "Бањористон" пляжи зебою нотакроре сохта шуд, ки новобаста аз паст ё баланд шудани сатњи оби бањр њамеша пур аз оби софу тоза ва пайваста ивазшаванда аст. Љамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 20-уми Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар ќасри фарњангии "Арбоб"-и шањри Хуљанд баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар ќасри таърихии "Арбоб" нахуст осорхонаи ин бинои муњташамро тамошо намуд. Зимни боздид ва рў ба рў шудан бо аксњои таърихї, аз њар рўзи Иљлосияи 16уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва лањзањои хотирнишини он ёдоварї карда шуд. Дар љамъомади тантанавї Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз рўзњои пурдањшати соли 1992, ки чун соли фољеаи миллї арзёбї гардид, ёдовар шуда, ба њамаи вакилони онваќтаи Шўрои Олї, ки аз 230 кас 193 нафараш ба ин ќаср њозир шуда буд ва њамаи он шахсиятњои соњибнуфуз, ки дар ташкил ва гузарондани он иљлосияи таърихї сањм гузошта буданд, арзи сипос намуд. Таъкид шуд, ки ќањрамони сулњсозї ва давлатсозии тољикон кулли мардуми Тољикистон аст, зеро барќарорсозии эътидоли иљтимоию сиёсї ва рушди иќтисодие, ки имрўз ба назар мерасад, ба шарофати дастгирию пуштибонии беѓаразонаи халќи шарафманди кишвар муяссар гардид. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалї Рањмон сипосу миннатдории самимї ба њамаи мардуми Тољикистон баён намуда, дар мурољиат ба ањли толор таъкид дошт: "Чї гуна мо ба ин халќу Ватан хизмат накунем?". Бо ќаноатмандї зикр гардид, ки дар Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар маљмуъ 74 санади њуќуќї, аз љумла 15 ќонун, 52 ќарор, 6 фармон ва як изњорот ќабул гардид ва таъкид карда шуд, ки наќши онњо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солњо хеле бузург буд. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо ёдоварї аз љараёни муноќишањои мусаллањона ва оќибатњои пурфољиаи солњои аввали истиќлоли давлатии Тољикистон, уќубатњои барќарору пойдор намудани сулњу созиш ва дастовардњои имрўзаи рушди иљтимоию иќтисодї ва фарњангии Тољикистони ањли толор ва мардуми кишварро ба арљгузорї ба фазои сулњу амонї, истиќлоли Тољикистон,

арзишњои волои умумимиллї ва таълиму тарбияи насли имрўзу ояндаи кишвар дар руњияи худшиносию худогоњї ва давлатсозию давлатдории шоиста њидоят намуд. Дар пањлўи чапи ќасри фарњангии "Арбоб" Маркази муњташами фарњангию фароѓатї, ки бо наќшу нигори зебову дилкаш дар болои чўб, санг, гач ва оина оро ёфтааст, мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар ин бинои зебову муњташам, ки намунаи волои санъати бостонї ва муосири меъмории миллати тамаддунофари тољик аст, зиёфати расмї ва барномаи фарњангии бошукуњи идона ба ифтихори солгарди 20-уми Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба самараи њунари волои меъморону бунёдгарони ин чойхона бањои баланд дода, ба онњо арзи сипос кард ва ба роњбарияти вилояти Суѓд дастур дод, ки дар пањлуи рости ќасри "Арбоб" як боѓи фарњангию фароѓатї бунёд намуда, ба мардум туњфа намоянд. Рўзи 7 ию�� Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо сафари корї ба

лии пойтахт махсус таъкид намуд ва ба роњбарияти ноњия барои бо масъулияти баланд адо кардани ин вазифаи муњим супоришњои мушаххас дод. Рўзи дигар Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба шањри Вањдат ташриф оварда, бо кори хољагињои зиёди кишоварзї ва корхонањои истењсолї шинос шуд ва бо роњбарон ва мутахассисону фаъолони шањру ноњияњои тобеи љумњурї машварати васеи корї баргузор намуд. Зимни шиносої ба кори як ќатор хољагињои дењќонии љамоатњои Бањор, Бурунов, Симуганљ, корхонаи парандапарварии "Тарз"-и шањраки Наврўзи љамоати Нуъмон Розиќов ва корхонаи парвариши гулмоњии дараи хушманзараи Ромит ва наќши кишоварзону ањли саноати хўроквории шањри Вањдат, ки дар таъмини амнияти озуќавории кишвар сањм доранд, бањои баланд дод. Дар машварати корї бо роњбарону мутахассисон ва фаъолони шањру ноњияњои тобеи љумњурї нишондодњои рушди иљтимоию иќтисодї дар 6 - моњаи якуми соли 2012 мавриди баррасї ќарор гирифт ва вазифањо барои оянда мушаххас карда шуд.

шањри Роѓун ташриф оварда, бо рафти корњои барќарорсозї дар нерўгоњи Роѓун шинос шуд ва аз љумла изњор дошт: "Њар як бинокори ин иншооти таќдирсоз бояд хуб эњсос намояд, ки нерўгоњи Роѓун барои садсолањо пешбинї шудааст ва сифати корњо бояд ба ин њадафи воло мутобиќ бошад. Ин нерўгоњ бояд ба мардуми кулли минтаќа хизмат карда, танњо манфиат орад ва њељ зиёне нарасонад". Њамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблаѓњои буљетию мардумї ва масолењи сохтмонї дастур дода шуд. Њангоми сафар ба ноњияи Рўдакї, ки 18 июл љараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз дењоти љамоатњои Чоряккорон, Чимтеппа, Чортеппа, Сарикиштї ва Зайнабобод дидан карда, бо фаъолияти як зумра хољагињои дењќонї, шабакањои обрасонї, як маркази илмию таљрибавии Академияи кишоварзї ва як корхонаи парвариши гулмоњї шинос шуд ва бо мардуми касбу кори гуногун мулоќоту суњбатњо анљом дод. Таваљљуњи асосї ба истифодаи пурсамари заминњои корам, хусусан заминњои обї, рўёндани ду ва зиёда њосил, баланд бардоштани њосилнокии зироатњо ва таъмини фаровонию арзонї дар бозори истеъмолї ва амнияти озуќавории кишвар зоњир гардид. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон наќши муњими ин ноњияро дар таъмини фаровонию арзонї дар бозори истеъмо-

Таваљљуњи асосї ба истифодаи пурсамари заминњои корам, хусусан заминњои обї, рўёндани ду ва зиёда њосил, таъмини фаровонию арзонї дар бозори истеъмолї, захира кардани маводи ѓизої, сўзишворї ва хўроки чорво барои зимистон зоњир карда шуд. Аз љумла дастур дода шуд, ки "аз соли оянда дар заминњои обї танњо тухмињои хушсифати ѓалла кишт карда шавад, то ки аз њар га на кам аз 50 сентнер њосил ба даст ояд". Дар сурати кишти ѓалла дар 200 њазор га замини обї ва ба њисоби миёна рўёндани 50 сентнерї аз га 1 миллион тонна ѓалладона љамъоварї мешавад, ки ин ба 90% талаботи бозори дохилї баробар аст ва ин бе назардошти њосил аз заминњои лалмї". Ба масъулони давлатї дастур дода шуд, ки ташаббусњои ибратбахшу судманди соњибкорон, хусусан соњибкорони истењсолиро њамаљониба дастгирї намуда, ба бунёди љойњои нави кор мусоидат намоянд. Дар оѓози моњи август Сарвари давлат Эмомалї Рањмон барои шиносої бо нишондодњои рушди иљтимоию иќтисодї, аз љумла дар соњањои саноат ва кишоварзї ба ноњияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард. Зимни шиносої бо рафти сохтмони як корхонаи азими сементбарорї, ки бо номи "Хуаксин Ѓаюр семент", иттилоъ дода шуд, он бо сармоягузории муштараки соњибкорони тољику чинї бунёд

мегардад. Њаљми умумиаш ба 100 миллион доллари амрикої баробар аст, бояд то моњи августи соли 2013 сохта ба истифода дода шавад. Иќтидори лоињавии корхона 1 миллион тонна сементи навъи 400 ва 450 дар як сол мебошад. Њоло дар ин љо беш аз 400 нафар машѓули коранд. Баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав дар ин љо зиёда аз 1100 нафар бо кори доимї ва маоши хуб таъмин мешавад, ки 1000 каси он шањрванди Тољикистон хоњад буд. Моњи сентябри соли 2012-ум 300 нафар љавони тољик барои аз худ намудани ихтисосњои муњандисїтехникї ва технологии ин соња ба Чин барои тањсил фиристода шуд ва барои омода кардани мутахассисони миёнаю коргарї пойгоњи таълимии омўзишгоњи касбї-техникии Ёвон васеъ истифода мешавад. Корхонаи нави сементбарорї ба љойи газ аз ангиштсанги ватанї истифода хоњад кард ва таљњизоти барои ин кор вориднамуда пурра ба талаботи љањонии экологї љавобгў мебошад. Дар ноњияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, њамчунин як корхонаи хурди коркарди шир дорои 40 љойи кор, ки бо харљи 2,5 миллион доллари амрикої бунёд ёфтааст, як бинои сеошёнаи варзишї, ки аз љониби соњибкорони мањаллї сохта шудааст ва коргоњњои нави бо технологияи муосир муљањњазшудаи корхонаи равѓанбарории "Ато" бо 120 љойи кор мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Њамчунин ба бунёди як корхонаи дўзандаи либоси кўдакона оѓоз бахшида шуд, ки бо харљи 1 миллион доллари амрикої бунёд ёфта, дар он то 400 нафар зану духтари мањаллї ба кори доимї љалб хоњад шуд. Яке аз њадафњои асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба ноњияи Ёвон шиносої бо корњои таљрибавию омўзишии кишоварзони пешќадами чинї дар кишти пахта, љуворимакка ва дигар зироатњо буд. Ба ин кор ширкати чинии "Љинян Инхай" дар Љамоати дењоти Дањанаи ноњияи Ёвон машѓул аст. Тавре аён гардид, кишоварзони чинї, асосан, заминњои бекорхобидаи партов, шўрзада, обњои зеризаминиаш баланд ва камњосилро гирифта, дар муддати кўтоњ њолати онро бењ намуда, њосили баланди зироат ба даст меоранд. Кишоварзони чинї дар 30 гектар замин ба таври таљрибавї як навъи чинии пахтаи серњосилро кишт намуданд, ки аз њар гектараш ба њисоби миёна 60 сентнерї њосил гирифтан мумкин аст. Дар чанд ќитъаи дигар навъњои нав эљодшудаи пахта кишт карда буданд. Ба серњосилтарини ин навъњо, ки баъзе нињолњояш то 200 ва беш аз он кўрак дорад, аз љониби Президенти кишвар Эмомалї Рањмон номи "Дўстї" гузошта шуд. Кишоварзони чиної аз њар га замини навъњои серњосили љуворимакка то 100 сентнерї дон мегиранд. Моњи сентябр Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба шањри Хоруѓ ва ноњияњои Шуѓнону Рўшони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ташриф овард. Дар ноњияи Рўшон филиали литсейинтернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб - интернати муњташами љумњуриявї барои 640 хонанда мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар филиали муассисаи давлатии литсей - интернати касбии махсуси маъюбон хонандагони синфњои болої, ки имконоти мањдуди љисмонї доранд, њунарњои њисобдорї, дўзандагї ва технологияњои компютерї меомўзанд.

сањ. 10


10

2012 сањ. 9

Мактаб - интернати сеошёнаи љумњуриявї барои 640 нафар хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилањои ба кўмак ниёзманд дорои синфхонањои муљањњази фаннї, аз љумла барои фанњои риёзї, физика, кимиё, биология, њунаромўзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошад. Дар маркази нави маъмурии ноњияи Шуѓнон - шањраки Вањдат 4 бинои нави зебою замонавї, ки аз идомаи босуботу босуръати бунёди ин шањрак шањодат медињад, мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Биноњои нави маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия, намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї бо 15 љойи корї, филиали Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо 15 љойи иловагии кор, филиали "Тољиксодиротбонк" бо 32 љойи кор, ки филиали 9 - уми ин бонк дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад, аз љумлаи онњоанд. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар арафаи Иди забони давлатї, ки рўзи 5 октябр таљлил мегардад, ба 1300 оилаи ниёзманди ноњияи Шуѓнон кўмаки моддї расонда шуд ва њамчунин тўйи хатнаи писарчањои чунин оилањо дар фазои идонаи пуртантана барпо гардид. Дар шањри Хоруѓ Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба отряди сарњадї ташриф оварда, ба сохтмони як зумра биноњои нави он, аз љумла бинои маъмурї, маркази нави таълимї, ду бинои шашошёнаи истиќоматї бо 48 хона барои кормандони сохторњои ќудратї ва маќомоти њифзи њуќуќу тартибот, майдончаи варзишї ва парки мошину техникаи низомї оѓоз бахшид ва таъкид дошт, ки њамаи ин биноњо то моњи ноябри соли 2013 мавриди бањрабардорї ќарор дода шаванд. Дар отряди сарњадии Хоруѓ Сарвари давлат Эмомалї Рањмон, њамчунин бо кори маркази таълимии мављудаи он, ки барои омодасозии афсарону сарбозони гузаргоњњои сарњадї бунёд ёфта, ба таври зарурї, аз љумла барои омўзиши забонњои хориљї ва њуќуќи байналмилалии марзбонї муљањњаз гардидааст ва маркази кинологї (омодасозии сагњои хизматї) аз наздик шинос шуда, ба масъулон барои боз њам бењтар намудани шароити хизматї ва будубоши афсарону сарбозон супоришњои мушаххас дод. Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон, њамчунин татбиќи лоињаи обтаъминкунии шањри Хоруѓ, ки бо харљи зиёда аз 17 миллиону 200 њазор сомонї амалї мегардад, расман оѓоз ёфт. Тибќи ин лоиња аз мавзеи Боѓевдараи ноњияи Шуѓнон, ки дар масофаи 15 км ќарор дорад, ба шањри Хоруѓ оби ошомиданї оварда мешавад ва шабакаи дохилии обу корези шањр навсозї мегардад. Ба маблаѓи беш аз 1,5 миллион сомонї техникаи махсус харида мешавад, ки њам дар давраи татбиќи лоиња ва њам оянда хизмат хоњад кард. Дар шањри Хоруѓ дар фазои тантанавї як корхонаи бузурги дўзандагї мавриди истифода ќарор гирифт, ки дар он наздики 200 нафар, асо��ан занону духтарон, соњиби кори доимї шуданд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар пањлўи ин бино боз як бинои дўзандагї бо ошхона, гармоба ва дигар шароити зарурї бо 100 љойи кор бунёд намоянд. Дар боѓи марказии фарњангию фароѓатии шањри Хоруѓ Сарвари давлат

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ Эмомалї Рањмон бо роњбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон машварати корї доир намуда, нишондодњои рушди иљтимоию иќтисодї ва фарњангии вилоятро маљмўан дар солњои истиќлоли давлатии Тољикистон ва дар солњои охир мавриди тањлилу баррасї ќарор дод ва њадафу вазифањоро барои оянда муайяну мушаххас кард. Њангоми муќоисаи маблаѓгузории давлатии солњои 90-уми асри гузашта ва 10-11 соли охир, аз љумла зикр гардид,

Тавре аён мегардад, њадафи асосї аз аксари сафарњои Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои љумњурї тањти назорати бевосита ќарор додани раванди бунёдкорию созандагї ва ободонї аст. Ба њамин тартиб иншооти зиёди дигар тайи чанд гардиши Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар гўшањои гуногуни пойтахти љумњурї - шањри Душанбе мавриди бањрабардорї ќарор гирифта, ба сохтмони бархе дигар оѓоз бахшида шуд.

ки аз соли 1992 то 2000 аз њисоби сарчашмањои љумњуриявї ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон њамагї 40 миллион сомонї ва дар солњои 2001-2012 ум 4 миллиарду 646 миллион сомонї људо карда шудааст. Тавре таъкид гардид, њоло аз 130 миллион сомонии буљети Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон 100 миллионаш аз њисоби сарчашмањои љумњуриявї маблаѓгузорї карда мешавад. Танњо барои маблаѓгузории эњтиёљоти шањри Хоруѓ, ки њамагї 28 њазор ањолї дорад, дар солњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон 253 миллион сомонї, аз љумла 151 миллион сомонї барои корњои сохтмону ободонї маблаѓњои мутамаркази љумњуриявї људо карда шудааст. Тайи чанд соли охир дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон беш аз 1000 иншооти нави иљтимоию иќтисодї, маъмурї ва фарњангї сохта ба истифода дода шуд, ки беш аз 120-тои он ба шањри Хоруѓ рост меояд. Зимни тањлили вазъи љиноятии вилоят ва роњњои ислоњи он зикр гардид, ки теъдоди љиноятњои вобаста ба ќочоќи яроќу аслиња, маводи мухаддир, сангњои ќиматбањо ва шумораи нашъамандон, хусусан дар шањри Хоруѓ, рў ба афзоиш овардааст. Сабаби асосии чунин вазъ эњтиром нагузоштани як зумра шахсон ва гурўњњои љиноятпеша ба ќонун мебошад, ки ба љиноятњои вазнин даст зада, садди роњи фаъолияти самарабахши маќомоти њифзи њуќуќу тартибот мешаванд. Аз ин хотир таъкид гардид, ки тафтишоти одилонаи фаъолияти љинояткоронаи ин гурўњњо идома меёбад, зеро ба њар як љинояту љинояткорї бояд бањои њуќуќї дода шавад ва њар як ќонуншикан барои фаъолияти худ посух гўяд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз љавонону наврасони гумроњшуда ва фиребхўрдаи шањри Хоруѓ ва атрофи он бори дигар талаб кард, ки яроќу аслињаи боќимондаи ѓайриќонунии худро супоранд ва дар доираи ќонун ва тартиботи муайяншудаи њуќуќї кору зиндагї намоянд.

Чањор бинои нави 9 - ошёнаи истиќоматї дар кўчаи Нусратулло Махсум бо 352 хонаи истиќоматї барои кормандони сохторњои ќудратї ва маќомоти њифзи њуќуќ, филиали Донишгоњи миллии тадќиќотї технологии МИСиС-и Маскави Федератсияи Русия, бинои боњашамати Мактаби байналмилалии президентї, ки бо харљи беш аз 80 миллион сомонї барои 1100 нафар хонандаи хушлаёќат бунёд ёфтааст, маљмааи биноњои навбунёди Раёсати тиббии Вазорати корњои дохилї, 9 майдони варзишї, варзишгоњи навбунёди Вазорати корњои хориљї ва як варзишгоњи дигар дар кўчаи Маяковский ва биноњои сершумори баландошёнаи истиќоматї аз љумлаи онњоянд. Аз 145 иншооте, ки моњи сентябр дар њоли сохтан ќарор дошт, 130 - тоаш биноњои истиќоматї буд. Солњои охир дар пойтахт њамчунин навсозии роњњои мошингард ва бунёди гузаргоњњои нави зеризаминї ављ гирифтааст. Љойи таъкид аст, ки њар ифтитоњ ва ё оѓози сохтмони нав бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон сурат гирифтааст. Садњо иншооти дигар низ бо њазорњо љойи корї дар гўшаю канори њамаи шањру ноњияњои кишвар дар доираи сиёсати бунёдкорию созандагии роњбарияти давлати Тољикистон бунёд меёбанд. Натиљањои пурарзише, ки дар соли 2012 ба даст омаданд, пеш аз њама самараи татбиќи бобарори сиёсати дохилию хориљии давлат доир ба рушди босуботи иљтимоию иќтисодї ва фарњангї ва баланд бардоштани обрўю нуфузи Тољикистон дар арсаи минтаќа ва љањон мебошанд. Самтњои асосї ва вазифањои афзалиятнок барои расидан ба ин њадафњо, аз љумла дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, зимни маљлисњои Њукумати кишвар, мулоќот бо зиёиёни эљодкор, таљлили солгарди 15-уми Рўзи Вањдати миллї, 21-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон ва бузургдошти солгарди 20-уми Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон муайяну мушаххас гардида буд.

Дар соли 2012 Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба 12 давлати љањон 16 сафари пурмањсули давлатию расмї ва корї анљом дод. Нахустин сафари хориљии Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, ки рўзи 19 март љараён гирифт, ба шањри Маскави Федератсияи Русия рост омад. Њадаф аз он иштирок дар љаласаи сарони давлатњои аъзои Иттињоди иќтисодии АвруОсиё буд. Дар љаласа сарони њамаи давлатњои аъзои иттињод - Беларус, Русия, Тољикистон, Ќазоќистону Ќирѓизистон ва давлатњои нозир - Арманистон, Молдова ва Украина иштирок намуданд. Мавзўи асосии њамоиш баррасии принсипњои бунёдии лоињаи Шартнома доир ба бозсозии Иттињоди иќтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон зимни суханронии худ раванди муттањидсозии имконоти иќтисодии кишварњои фазои пасошўравиро мавриди дастгирї ќарор дода, њамзамон таъкид дошт: "ба андешаи мо, таѓйироти чунин миќёс бояд тавассути муњокимаи васеъ бо љалби доирањои коршиносии њамаи кишварњои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, ваќти зиёдро талаб мекунад". Эмомалї Рањмон, њамчунин изњор намуд, ки зимни дигаргунсозињои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттињоди иќтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоњ дошта шаванд. Зимни сафари дуюм ба шањри Маскав, ки ба 15-уми май рост омад, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи навбатии Шўрои амнияти дастаљамъии Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї ва мулоќоти ѓайрирасмии сарони давлатњои иштирокдори Иттињоди Давлатњои Мустаќил ширкат намуд. Дар ин иљлосия натиљаи фаъолияти 20-умин солгарди ба имзо расидани Ањдномаи амнияти дастаљамъї ва 10-солагии таъсиси Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї ва вазифањои дурнамо баррасї шуд. Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъиро нерўи муњимтарини амниятї дар минтаќаи масъулияти он номида, таъкид кард, ки "муттањидшавии дохилии созмон ва боло бурдани омодагии њарбии нерўњои он аз вазифањои умда дар марњилаи кунунї мебошад". Дар мулоќоти ѓайрирасмии сарони давлатњои иштирокдори Иттињоди Давлатњои Мустаќил бошад, зарурати таќвияти иттињод ва тањкиму густариши њамкорї дар доираи он таъкид гардид. Зимни сафари кории сеюм ба шањри Маскав Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар њамоишњои сарони давлатњои аъзои Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї ва Иттињоди иќтисодии АвруОсиё иштирок намуд. Дар њошияи њамоишњои моњи май Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоќоти хосаи дуљониба анљом дод. Дар мулоќот маљмўи васеи масоили вобаста ба муносиботи дўстию њамшарикї ва њамкории гуногунљанба баррасї шуд. Владимир Путин аз њамкории иќтисодї ва њарбии Русияву Тољикистон ва робитањои судманди миёни минтаќањои ду кишвар изњори хушнудї карда, иттилоъ дод, ки имрўз "70 субъекти Русия бо минтаќањои Тољикистон њамкории рушдёбанда доранд". Эмомалї Рањмон низ бо ёдоварї аз њамкории судбахши низомї, иќтисодї ва гуманитарии ду кишвар изњор дошт, ки


11

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН "миёни Тољикистону Русия ягон масъалаи љиддии њалнашаванда вуљуд надорад, чанд масъалаи њалталабе, ки њаст, мо бо назардошти манофеи њарду љониб њаллу фасл менамоем". "Мо њамеша ба манфиатњои шарики стратегиамон дар кишвари худ эњтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатњои Тољикистон бояд њамин гуна муносибат дошта бошад". Бисёр масоиле, ки дар ин мулоќот баррасї шуд, њалли нињоии худро зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тољикистон, ки рўзњои 4 ва 5 октябри соли 2012 љараён гирифт, пайдо намуд, зеро пас аз мулоќоту музокироти расмї дар њузури сарони ду давлат 6 санади муњими њамкорї ба имзо расид. Њамчунин Изњороти муштарак оид ба натиљањои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Љумњурии Тољикистон ќабул шуд. Тибќи ин санадњо муњлати будубоши Пойгоњи низомии 201-уми Русия дар Тољикистон то соли 2042 дароз карда шуд ва ба њаљми 1 миллион тонна маводи нафтии Русия бе пардохти бољи гумрукї ба Тољикистон содир карда мешавад. Тавофуќоти зиёди дигар доир ба сањл намудани шароити кору зиндагии муњољирони кории Тољикистон дар Русия, густариши њамкорї миёни минтаќањои гуногуни ду кишвар, омодасозии кадрњои тољик дар ин кишвар, аз љумла мутахассисони низомї, навсозии техникаи њарбї ва аслињаю лавозимоти дигари низомии Тољикистон ва ѓайра ба даст омад. Дар оѓози моњи июн Прези��енти кишвар Эмомалї Рањмон сафари пурмањсули давлатї ба Љумњурии Мардумии Чин анљом дод. Мулоќотњои дуљонибаи сатњи олии миёни Тољикистону Чин дар шањри Пекин, пойтахти ин кишвар, сурат гирифт. Пас аз мулоќоту музокироти Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Раиси Љумњурии Мардумии Чин Ху Љинтао дар њузури онњо 2 санади нави њамкорї ба имзо расид - Эъломияи муштараки Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Мардумии Чин ва Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва

мати сеюми марњилаи аввали роњи автомобилгарди Душанбе-Кўлоб- Хоруѓ-Кулма, 2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тољикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблаѓгузории соњаи кишоварзї ва омодасозии кадрњои соњаи молия ва бонкдорї, Ёддошти тафоњум миёни Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникї ва карантини сифати молњои Љумњурии Мардумии Чин оид ба њамкорї дар соњаи нозирот ва карантини растанї, Ёддошти тафоњум миёни Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Љумњурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Вазорати энергетика ва саноати Тољикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) ва Созишномаи њамкорї миёни Корхонаи воњиди давлатии "Ширкати алюминии тољик" (TALCO) ва Ширкати миллии масолењи сохтмонии Чин (CNBM). Санадњои њамкорї дар њошияи мулоќотњои сершумори Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо роњбарони сохторњои гуногуни давлатї ва соњибкории Чин ба имзо расиданд. Мулоќотњои судманди Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Сарвазири Шўрои давлатии Љумњурии Мардумии Чин Вэн Љябао, Раиси Кумитаи Умумичинии Шўрои Мардумии Сиёсии Машваратї Љя Синлин, роњбари Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Љян Љемин, Президенти Бонки содироту воридот "Эксимбонк"-и Чин Ли Жогу, Раиси Шўрои директорони ширкати "Тебиан электрик аппаратус" (ТВЭА) Чжан Син, Раиси Шўрои директорони ширкати "Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент" (ZTE), раиси ширкати "Њенан Љинљиан Силверсид" Ли Чао, Директори генералии ширкати сохтмони роњу пулњои Чин "Чайна Роуд энд Бриљ Корпорэйшн" Вэн Ган, Мудири Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан, Раиси Шўрои директорони ширкати "Чайна Глобал" Хуан Љзанжун

Њукумати Љумњурии Мардумии Чин оид ба њамкории техникию иќтисодї. Тибќи созишнома оид ба њамкории техникию иќтисодї ба Тољикистон барои дастгирии рушди иљтимоию иќтисодї 150 миллион юан грант људо карда мешавад. Санадњои зиёди њамкорї, њамчунин дар сатњу зинањои дигар ба имзо расид. Аз љумла Созишномаи ќарзи имтиёзнок миёни Њукумати Тољикистон ва "Эксимбонк"-и Чин оид ба лоињаи таљдиди ќис-

ва Ноиби президенти ширкати "Хуавэй Лин Жуйљи" Љанжун анљом дод. Дар шањри Пекин ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин таќдим карда шуд. Тавре зикр гардид, Эмомалї Рањмон барои сањми бузургаш дар дастгирии рушди варзиш ва њаракати олимпї бо ин мукофоти олї сарфароз мегардад. Њадафи дигари сафари Президенти

Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Мардумии Чин иштирок дар њамоиши навбатии сарони давлатњои аъзои Созмони њамкории Шанхай буд Дар њамоиши навбатии сатњи олии Созмони њамкории Шанхай 10 санади нави њамкорї ба имзо расид. Яке аз санадњои муњим Самтњои асосии Стратегияи рушди Созмони њамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуњлат буд, ки бо иќдоми Эмомалї Рањмон ва бо иштироки фаъоли љониби Тољикистон тањия ва пешнињод гардид. Тибќи ќарорњои ќабулшуда, ба Афѓонистон маќоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд. Дар њошияи ин њамоиш Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Љумњурии Исломии Эрон Мањмуди Ањмадинажод, Президенти Љумњурии Исломии Покистон Осиф Алї Зардорї ва Президенти Љумњурии Исломии Афѓонистон Њомид Карзай мулоќот намуд. Дар ин сафар Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба шањрњои Сямен, Шанхан ва Луняни музофоти Фуљиан ташриф оварда, мулоќоту суњбатњои судманд анљом дод. Дар шањри Сямен, ки дар љанубу шарќи Чин воќеъ аст, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо Губернатори музофоти Фуљиан ва мири шањри Сямен мулоќот намуда, дар форуми соњибкорону тољирони Тољикистон ва ин минтаќаи рушдёфтаи Чин иштирок дошт ва њам бо таљрибаи муваффаќи Сямэн дар рушди иќтисоду тиљорат, шањрсозї ва бунёди зербинои љањонгардї шинос шуд. Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон њамчунин бо омўзгорону донишљўёни Донишгоњи овозадори Сямен мулоќоти судманд анљом дод. Дар ин љо ба Эмомалї Рањмон барои хизматњои шоён дар тањким ва густариши муносибатњои дўстона ва њамкории пурсамар бо Љумњурии Мардумии Чин, аз љумла дар соњаи илму маориф унвони профессори фахрии Донишгоњи Сямэн дода шуд. Бо ёдоварї аз шумораи зиёди донишљўёни тољик дар муассисањои гуногуни тањсилотии Љумњурии Мардумии Чин ба ќарор омаданд, ки минбаъд теъдоди онњо дар ин донишгоњи соњибнуфуз низ зиёд карда шавад. Дар шањри Сямен, њамчунин Созишнома дар бораи барпо намудани робитањои бародарї миёни вилояти Суѓди Тољикистон ва музофоти Фуљиани Љумњурии Мардумии Чин ба имзо расид. Дар ин шањр Президенти Тољикистон

Эмомалї Рањмон њайати ширкати мошинсозии Шанхай (SAIC) ва Раиси Шўрои директорони ширкати "Синоњайдро" Фан Љсянро ба њузур пазируфта, масоили густариши њамкориро бо онњо баррасї намуд. Дар шањри Шанхани музофоти Фуљиани Љумњурии Мардумии Чин зимни як маросими тантанавї мири он Се Хайбо Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонро "шањрванди фахрї"-и ин шањр эълон намуда, ба ў "Калиди тиллої"-и он ва дипломи шањрвандии фахриро таќдим намуд. Дар ќуллаи "Кўњи тиллої"-и шањри Луняни музофоти Фуљиан Эмомалї Рањмон бо фаъолияти истењсолии ширкати Зи Љин, ки аз шарикони муњими чиноии Тољикистон мебошад, дар конњои тиллою мис шинос шуд. Ин ширкат дар корхонаи муштараки "Зарафшон"-и Тољикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикої сармоягузорї намуда, бо ворид намудани техникаю таљњизоти навтарин истењсоли тиллоро хеле афзун намудааст. Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз љумла иттилоъ дода шуд, ки он бо истифода аз навтарин технологияи олмонї њар сол беш аз 20 њазор тонна мис истењсол намуда, 40% онро ба хориља, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Ду љониб ба мувофиќа омаданд, ки чунин як корхона бо насби њамин гуна таљњизоти пешќадам дар вилояти Суѓди Тољикистон бунёд намоянд. Дар дањаи дуюми моњи июн Сарвари давлат Эмомалї Рањмон як сафари корї, вале басо пурмањсул ба Бразилия анљом дод. Њадафи асосї аз ин сафар иштирок дар љаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттањид оид ба рушди устувор дар шањри Рио-де-Жанейро буд. Тайи се рўзи кори Конфронси Созмони Милали Муттањид оид ба рушди устувор, ки дар сатњи олї баргузор гардид, Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон дар 5 њамоиши он иштирок ва суханронї намуд. Яке аз љаласањои муњими Конфронс, ки "Созмони Милали Муттањид ва захирањои об" ном дошт, тањти раёсати Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон љараён гирифт. Њадафи асосии ин конфронс ба мувофиќа расондани Њадафњои рушди устувор буд, ки аз соли 2015 ба баъд љойгузини Њадафњои рушди њазорсола хоњанд буд. Асоси ин њадафњоро бояд "иќтисодиёти сабз" ё худ иќтисодиёти аз љињати экологї безарар ташкил дињад.

сањ. 12


12

2012

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ

сањ. 11

Конфронс бо иштироки роњбарони давлатњо ё њукуматњои 135 кишвари љањон, намояндагони воломаќоми созмонњои минтаќавию љањонї ва коршиносони байналмилалї љараён гирифт. Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун њусни оѓоз бахшид. Иштирокдорони ин њамоиш Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси конфронс ва Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонро яке аз муовинони ў интихоб намуданд. Сипас аз байни сарони бештар аз 140 давлат ва њукуматњои кишварњои олам аввалин шуда, Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон барои суханронї даъват шуд. Чунин эњтирому ќадршиносии баланд, албатта, ба хотири он иќдомњои сершумори Тољикистон дар соњаи об аст, ки дар сатњи СММ ба тасвиб расида, дар тамоми љањон амалї мегарданд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба Стратегияи миллии рушди Тољикистон, ки аз Њадафњои рушди њазорсола бармеояд ва маѓзи муњтавои онро се масъалаи асосї - ноил шудан ба истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуќавории мамлакат ташкил медињанд, таваљљуњи хоса зоњир кард. "Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикї, тавсеаи истифодаи манбаъњои таљдидшавандаи энергия масъалањои муњимтарини рушди устуворанд", - иброз дошт Эмомалї Рањмон. Эмомалї Рањмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешнињоди Тољикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об аз тамоми давлатњо даъват намуд, ки "дар кори васеъ гузаронидани чорабинињои ин сол фаъол ширкат варзанд, то ки муколамаву њамкорї ва шарикї дар соњаи истифодаи устувор ва дастаљамъонаи захирањои об амалї гардад". Ба ќавли Президенти Тољикистон, "истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иќтисоди "сабз", ки яке аз мавзўъњои асосии љадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиќат дорад". Зимни суханронињ�� дар ин ва дигар љаласањои ин конфронс Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон таваљљуњи њозиринро ба се масъалаи ба њам пайванди экологию иќтисодї ва иљтимої - таѓйирёбии иќлим, офатњои табиї ва рушди устувори манотиќи кўњистон љалб намуд. Ў изњори умедворї кард, ки нињодњои байналмилалї ва кишварњои мададрасон пешнињоди Тољикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии њифзи пиряхњо љонибдорї хоњанд намуд. Бо изњори нигаронї аз таъсири манфии хушкшавии бањри Арал ба вазъи экологии минтаќа Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон таъкид кард, ки дар њавзаи бањри Арал, ба ѓайр аз стратегияњои миллї, бояд стратегияи ягонаи минтаќавии истифодабарии захирањои оби минтаќа тањия ва амалї шавад. Роњбарони давлатњо ва созмонњои зиёди байналмилалї дар ин чорабинињо пешсафию пешоњангии Тољикистонро дар њаллу фасли мушкилоти љањонї дар соњаи об эътироф намуданд. Тавре борњо таъкид гардид симои Тољикистон дар назди љомеаи љањонї њамчун пешоњанги ташаббусњои марбут ба об пазируфта шудааст.

Иштирокдорони зиёди конфронс њамчунин ташаббуси Тољикистонро дар бораи Конфронси сатњи баланди байналмилалї доир ба њамкорї дар соњаи об , ки дар шањри Душанбе бояд баргузор гардад, дастгирї намуда, изњор доштанд, ки дар ташкил ва босамар ба роњ мондани он фаъолона иштирок хоњанд кард. Дар њошияи ин конфронс дар шањри Рио-де-Жанейрои Бразилия Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттањид Пан Ги Мун, Президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњамедов, Президенти Маљористон Янош Адер ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттањид оид ба маориф, илм ва фарњанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоќотњои судбахш анљом дод. Зимни як сафари корї ба Украина Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо роњбарони як ќатор давлатњои дигар бозии нињоии чемпионати Аврупо оид ба футболро тамошо намуданд. Дар шањри Киев Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон њамчунин бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоќот намуда, масоили њамкории ду кишварро баррасї кард. Сарони ду давлат аз љараёни њамкорию њамгироии ду кишвари дўст изњори ќаноатмандї карда, њамзамон зарурати тавсеаи заминаи ќарордодї-њуќуќии муносибатњоро таъкид карданд. Сафари расмии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Озарбойљон басо пурмањсул буд, зеро зимни он 10 санади нави њамкорї ба имзо расид. Ин санадњои њамкорї дар соњањои сиёсати хориљї, металлургия, кишоварзї, маориф, эътироф ва баробарарзишии мутаќобилаи њуљљатњо оид ба тањсилот ва унвону дараљањои илмї, њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он, кор бо љавонон ва варзиш, њаракати олимпї ва дигар самтњоро танзим хоњанд кард. Дар миёни онњо Барномаи њамкории иќтисодии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Озарбойљон барои солњои 2013-2015 маќоми хос дорад, зеро тибќи он як зумра тадбирњои судбахш бояд амалї гарданд. Сарони ду давлат Эмомалї Рањмон ва Илњом Алиев њамдигарро бо мукофотњои олии давлатї сарфароз намуданд. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойљон - ордени "Њайдар Алиев" сарфароз гардонда шуд. Ба Президенти Озарбойљон Илњом Алиев бошад мукофоти олии давлатии Тољикистон ордени "Исмоили Сомонї"

дараљаи 1 таќдим гардид. Дар шањри Боку Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин бо Раиси Маљлиси Миллии (Порлумони) Озарбойљон Октай Асадов ва Директори генералии ширкати амрикоии "Сокар Фостер Вилер" (Socar Foster Wheeler) Љиамперо Тривелла мулоќотњои судманд анљом дод. Тавре зикр гардид, ширкати мазкур азм дорад, ки бо љалби сармоя аз Тољикистону Озарбойљон як корхонаи коркарди нафт дар љануби Тољикистон бунёд намояд. Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, аз љумла аз корхонаи истењсоли панелњои офтобї - "Азгунтек", "Технопарк"-и Сумгаит оид ба истењсоли таљњизоти барќию гармидињї ва Корхонаи "Гринтек", ки бо тавлиди сабазавот дар гармхонањо машѓул аст, дидан кард. Соли 2012 Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Озарбойљон њамчунин як сафари корї анљом дод, ки њадаф аз он иштирок дар њамоиши сарони давлатњои аъзои Созмони њамкории иќтисодї (ЭКО) буд. Дар ин њамоиш њамчунин сарони давлатњои Афѓонистон, Покистон, Эрон, сарвазири Туркия, намояндагони воломаќоми Ќазоќистону Ќирѓизистон, Туркманистону Ўзбекистон ва фиристодагони созмонњои дигари минтаќавию байналмилалї иштирок доштанд. Дар ин сафар масоили вобаста ба рушди њамкорї дар соњањои иќтисод ва савдо, наќлиёт, энергетика, саноат, кишоварзї, њифзи муњити зист, маориф, илму техника, тандурустї, фарњанг ва ѓайра баррасї шуд.

Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон аз лоињањои сершумори минтаќавї доир ба инфрасохтори наќлиётї ва энергетикї, истифодаи захирањои обию барќї, бунёди минтаќањои тиљорати озод, эљоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиќоли бемамониати молу наќлиёт ёдовар шуда, изњор дошт, ки Созмони њамкории иќтисодї ва кишварњои аъзои он бояд дар татбиќи босамари онњо фаъолу ташаббускор бошанд. Таъкид гардид, ки ин созмон ва кишварњои аъзои он метавонанд ташаббусро дар татбиќи лоињањои бунёди роњњои оњану мошингард, аз љумла роњи оњани Чин-Ќиргизистон-Тољикистон-Афѓонистон-Эрон, хатњои интиќоли неруи барќ ба мисли лоињаи КАСА-1000, хатњои интиќоли газ ва ѓайра ба дасти худ бигиранд. Дар њошияи њамоиш Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Љумњурии Озарбойљон Илњом Алиев мулоќоти судбахш анљом дод. Зимни сафари корї ба Озабойљон Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба шањри Габалаи ин кишвар ташриф оварда, бо кори як ќатор корхонањои саноатї ва зербинои сайёњї ва љањонгардии он шинос шуд. Сафари расмии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Туркманистон њам, ки моњи август сурат гирифт, бисёр пурмањсул буд, зеро миёни ду кишвар 8 санади нави њамкорї ба имзо расид. Дар миёни онњо 4 созишнома байни палатањои савдо ва саноати Тољикистону Туркманистон, байни Бонки миллии Тољикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи њамгирої дар мубориза бо ќонунигардонї ва расмикунонии даромадњои бо роњњои љиноятї ва маблаѓгузории терроризм бадастомада, байни Академияи илмњои Тољикистон ва Академияи илмњои Турманистон оид ба мутаќобилан људо намудани ќитъаи замин барои љойгир намудани Сафорати Тољикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Тољикистон ва Барномаи њамкорї миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Туркманистон дар соњаи фарњанг ва санъат барои солњои 2013-2014 ва Барномаи њамкории вазоратњои корњои хориљии Тољикистону Туркманистон барои солњои 2013-2014 ва Баёнияи муштараки Тољикистону Туркманистон мављуданд. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар шањри Ашќобод аз љониби Президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњаммадов дар фазои тантанавї бо мукофоти олии давлатї ордени Президенти Туркманистон "Битараплик" ("Бетарафї") сарфароз гардонда шуд.


Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

13

МУЛОЊИЗА

БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН Зимни боздид аз Донишкадаи давлатии иќтисод ва идораи Туркманистон ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон барои сањми намоёну арзандааш дар рушди робитањои илмию маърифатї ва фарњангии миёни Тољикистону Туркманистон унвони профессори фахрии ин муассисаи бонуфузи таълимї дода шуд. Дар ин сафар Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба шањри Ободони Туркманистон ташриф оварда, њамроњ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњаммадов дар ифтитоњи навбати дуюми як корхонаи бузурги ресандагї иштирок намуд. Њангоми шиносої бо кори корхона ва боздид аз намоишгоњи мањсулоти саноати сабуки шањри Ободон, аз љумла зикр гардид, ки тамоми пахтаи дар Туркманистон истењсолшаванда дар дохили кишвар коркард мешавад ва наздики 90% мањсулоти он ба хориља содир мегардад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњаммадов ба шањри Руњобод низ ташриф оварда, дар маљмааи байналмилалии варзиши аспї бо дастовардњои варзишгарони аспсавори туркман аз наздик шинос шуданд. Ба Туркманистон Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин як сафари корї моњи декабр анљом дод, ки зимни он дар њамоиши навбатии сарони давлатњои иштирокдори ИДМ иштирок ва суханронї намуда, бо Президенти ин кишвари дўст Гурбонгулї Бердимуњаммадов мулоќоти судбахш анљом дод. Зимни сафари корї ба Љумњурии Исломии Эрон, ки охири моњи август рост омад, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар иљлосияи шонздањуми сарони давлатњои узви Њаракати адами таањњуд иштирок ва суханронї намуд. Дар ин њамоиш 24 президент, 3 шоњ, наздики 80 роњбари њукумат ва ё вазорат аз кишварњои манотиќи гуногуни љањон ва намояндагони воломаќом аз созмонњои зиёди минтаќавию байналмилалї, аз љумла Дабири кулли Созмони Милали Муттањид Пан Ги Мун ширкат доштанд. Дар њошияи њамоиши сарони давлатњои Њаракати адами таањњуд дар шањри Тењрон Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Рањбари Љумњурии Исломии Эрон Алии Хоманаї ва Президенти Љумњурии Исломии Покистон Осиф Алї Зардорї мулоќотњои самарабахш анљом дод. Дар оѓози моњи сентябр Президенти Љумњурии Тољ��кистон Эмомалї Рањмон бо сафари давлатї ба Љумњурии Њиндустон рафт. Ин сафар низ, ки дар фазои дўстии анъанавї, самимият ва эњтироми баланди мутаќобила љараён гирифт, басо пурмањсул буд, зеро пас аз мулоќоту музокироти созанда миёни ду љониб 12 санади нави њамкорї ба имзо расид. Миёни онњо созишномањо оид ба њамкорї дар соњањои тандурустї ва тиб, муносибатњои иљтимої ва мењнат, маориф ва тањсилоти олї, илм, фарњанг ва њунар, варзиш ва љавонон коркарди саноатии нахи пахта ва дар соњаи геология буд. 4 санади муњими њамкорї миёни Вазорати энергетика ва саноати Тољикистон ва ширкатњои Khoday groop, BHELL, Gemfields, Chadha Power ба имзо расид. Зимни изњороти матбуотї Эмомалї Рањмон ва Манмоњан Сингњ ба натиљаи мулоќоту музокироти расмї бањои баланд дода, дурнамои рушди муносиботи ду кишварро дар ояндаи наздик умедбахш номиданд. Манмоњан Сингњ, аз љумла изњор дошт, ки "Тољикистон шарики калидии

Њиндустон дар Осиёи Марказї аст". "Мо ба ќарор омадем, ки муносибатњои Њиндустону Тољикистон ба сатњи њамшарикии стратегї бароварда шаванд", - таъкид дошт Сарвазири Њиндустон. Тибќи изњороти сарони давлатњо, ду љониб ба ќарор омаданд, ки бурсияњои тањсилотии Њиндустон барои донишљўёни тољик аз 100 ба 150 адад расонда шавад. Таъсиси маркази татбиќи технологияњои гуногуни муосири Њиндустон дар Тољикистон яке аз иќдомњои муњим барои ба сатњи нав баровардани њамкории судманди ду кишвар номида шуд. Ёдрас шуд, ки барои робитањои мустаќими наќлиётї, аз љумла роњи оњан низ њарду кишвар талош хоњанд кард. Мулоќоти судманди дигар доир ба густариши њамкории иќтисодию тиљоратї ва сармоягузорї миёни Президенти Љумњурии Тољикистон ва њайатњои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Њиндустон сурат гирифт. Зимни суњбат бо Директори иљроияи ширкати "Ходай групп" (Khoday group) - и Њиндустон Шри Њари Ходай, аз љумла зикр гардид, ки он бо Тољикистон наќшањои зиёди њамкорї, пеш аз њама дар соњањои гидроэнергетика, аз љумла доир ба бунёди неругоњњои барќї, истихрољ ва коркарди маъданњои кўњї ва парандапарварї дорад. Дар шањри Дењлї Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин бо Президенти Љумњурии Њиндустон Пранаб Кумар Мукерљї, Ноиби Президент - Раиси Раљя Сабња - Палатаи болоии порлумони Љумњурии Њиндустон Муњаммад Њамид Ансорї ва Сарвари мухолифин дар Лок Сабња - Палатаи поёнии порлумони Њиндустон, намояндаи Њизби Мардумии Њиндустон дар Порлумон Сушма Свараљ мулоќот намуд. Тайи ин сафар Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба иёлатњои Гоа ва Карнатакаи Љумњурии Њиндустон ташриф оварда, бо фаъолияти як зумра корхонањои саноатї ва таљрибаи онњо барои муњайёсозии шароит ва љалби љањонгардон шинос шуд. Боздиди Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз Давлати Кувайт низ, сарфи назар аз он, ки маќоми корї дошт, самаровар буд. Њадафи асосї аз ин сафар иштирок ва суханронї дар њамоиши сарони давлатњои аъзои "Муколамаи Осиё оид ба њамкорї" буд, ки дар шањри Кувайт - пойтахти Давлати Кувайт баргузор гардид. Дар њошияи ин њамоиш Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Љумњурии Исломии Эрон Мањмуди Ањмадинажод ва Президенти Љумњурии Исломии Афѓонистон Њомид Карзай њам мулоќотњои алоњидаи дуљо-

ниба ва якљояи сељониба анљом дод. Дар шањри Кувайт Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин бо Сарвазири Шоњигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоќот намуд, ки зимни он, аз љумла зарурати татбиќи босамари 7 санади муњими њамкорї, ки моњи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тољикистон доир ба бахшњои тиљорат, иќтисод, илму техника, туризм ва љалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид. Мулоќоти Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоњ ал-Ањмад ал-Љобир ас-Сабоњ бо њусни таваљљуњ ба густариши робитањо ва њамкории пурсамар сурат гирифт. Амири Давлати Кувайт аз тасмими худ доир ба људо намудани 2 миллиард доллари амрикої барои дастгирии кишварњои рў ба рушди Осиё изњор дошт, ки Тољикистон њам метавонад аз ин маблаѓњо барои татбиќи лоињањои инфрасохтории худ бањра бубарад. Љанбањои њамкории иќтисодї ва сармоягузории Тољикистону Кувайт дар мулоќот бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулвањњоб ал-Бадр баррасї шуд. Дањаи сеюми моњи октябр Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо сафари расмї ба Финландия ташриф оварда, бо Президенти ин кишвар Нийнистё САУЛИ, Раиси Порлумони Финландия Ээро Њейнялуома, Сарвазири Љумњурии Финландия Катайнен Юрки ва Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба њуќуќи инсон Петри Яааскелайнен мулоќотњои судманд анљом дод. Миёни ду кишвар созишномаи байнињукуматї оид ба канорагирї аз андозбандии дукарата ва пешгирї намудани саркашї аз супурдани андозњо аз даромад ва сармоя ба имзо расид. Дар шањри Њелсинки Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба Хадамоти геологї ва Пажўњишгоњи экологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таљрибаи ѓанї ва дастовардњои илмию амалии ин кишвар аз наздик шинос шуд. Мулоќоти Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо намояндагони љамъияти тољикони Финландия хотирмон буд. Дар он натанњо тољикон, балки бархе аз шањрвандони бумии Финландия, ки замоне дар Тољикистон кор кардаанд, иштирок намуданд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон зимнан изњор дошт: "Мо њавасманди љалби њамдиёрони бурунмарзиамон ба равандњои бунёдкорї дар Тољикистон буда, хоњони онем, ки онњо шарикони доимии Њукумати кишвар дар раванди рушди устувори љумњурї бошанд". Давлати соњибистиќлоли Тољикистон пушту

паноњи њамаи њамватанону њамдиёрони бурунмарзї аст ва сарфи назар аз мањали кору зиндагиашон, ба ќадри имкон онњоро дастгирї мекунад". Яке аз рўйдодњои хотирмони таърихї дар соли 2012 шомил шудани Тољикистон ба Созмони Љањонии Савдо аст, ки рўзи 10-уми декабр ба амал омад. Дар љаласаи Шўрои генералии Созмони Љањонии Савдо, ки дар шањри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Љумњурии Тољикистон расман ба узвияти Созмони Љањонии Савдо пазируфта шуд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба дўстон ва шарикони њамкори иќтисодии Тољикистон, ки дар раванди дуру дароз ва мушкили воридшавї ба Созмони Љањонии Савдо Љумњурии Тољикистонро њамроњї карданд, миннатдории самимии худро баён намуда, ба Котиботи созмон ва Директори генералии он Паскал Ламї барои дастгирии пайвастаашон изњори сипос кард. Гуфт, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон дорои иродаи ќавии сиёсї доир ба гузариш ба иќтисоди бозорї мебошад, то ки бо иќтисоди љањонї њамаљониба њамоњангу созгор бошад. Сипас Директори генералии Созмони Љањонии Савдо Паскал Ламї аз пазируфта шудани Љумњурии Тољикистон ба узвияти созмони мазкур изњори ќаноат намуда афзуд, ки Тољикистон бо воридшавї ба созмони мазкур барои рушди минбаъда ва густариши тиљорату савдои байналмилалї ба худ роњи васеъ кушод. Яке аз сафарњои аз њама пурмањсули Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба хориљи кишвар ба Љумњурии Туркия буд, ки дар моњи декабр љараён гирифт. Зимни он миёни сохторњои гуногуни давлатї ва соњибкории ду кишвар дар маљмўъ 16 санади нави њамкорї ба имзо расид. Танњо тибќи се санад, ки дар фарљоми анљумани соњибкорони Тољикистону Туркия ба имзо расид, дар Тољикистон бо харљи 122 миллион доллари амрикої 3 корхонаи нави саноатї бунёд меёбад, ки дар онњо садњо шањрвандон соњиби љои кори доимї мегарданд. Санадњои имзошуда рушди њамкорї дар соњањои корњои хориљї, бонкдорї, телевизион ва радио, кишоварзї, љавонон ва варзиш, энергетика ва саноати маъданњои кўњї, адлия, фарњанг, бунёди 3 корхонаи саноатї, муќаррар намудани муносиботи бародаршањрї миёни шањри Кўлоби Тољикистон ва шањри Ќунияи Туркия ва таъсиси Шўрои њамкории Тољикистону Туркияро дар назар доранд. Шўрои њамкории Тољикистону Туркия аз љониби Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Сарвазири Туркия Рељеб Тайиб Эрдоган роњбарї карда мешавад. Тибќи санадњо доир ба бунёди корхонањои саноатї бо љалби 70 миллион доллари амрикої, корхонаи истењсоли нўшокињои гуногуни Кока-Кола, бо харљи 50 миллион доллари амрикої, як Маркази истироњати оилавї ва савдо дар шањри Душанбе бо сарфи 2 миллион доллари амрикої, як корхонаи истењсоли орд бо иќтидори шабонарўзии 150 тонна мањсулот ва анбори ѓалла бо ѓунљоиши 18 њазор тонна дар ноњияи Њисор сохта мешавад. Тавофуќоти зиёди дигар низ њосил шуд, ки натиљаи онњо ба имзо расондани боз чандин санади дигар ва ба роњ мондани њамкории судбахш миёни сохторњои гуногуни давлатию хусусї хоњад буд. Зимни нишасти матбуотї Абдулло Гул аз натиљањои сафари расмии Президенти Тољикистон ба Туркия изњори хушнудї карда, онро таконбахши рушди минбаъдаи муносиботи дўстона ва њамкории судбахш бањо дод.

сањ. 14


14

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

2012

- СОЛИ АРЉГУЗОРИИ ОЛЇ БА ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

Абдулло Гул аз љумла изњор дошт: "Мо аз имконоти фарохи Тољикистон, хусусан дар соњањои гидроэнергетика ва маъданњои кўњї хуб огоњем ва ба густариши њамкорї дар ин бахшњо манфиатдорем" ва афзуд, ки "Туркия аз иќдомоти Тољикистон доир ба истифодаи босамари захирањои обиаш низ пуштибонї мекунад". Ќисмати муњими сафари расмии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Туркия дар шањри Ќуния љараён гирифт. Дар ин љо Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон ва њайати њамроњи ў, аз љумла намояндагони илму фарњанги кишвар нахуст оромгоњи мутафаккири бузурги олами Шарќ Мавлоно Љалолиддини Балхиро зиёрат намуда, барояш дуою фотиња карданд. Дар ин шањри бостонї Президенти Љумњурии Тољикистон бо устодону донишљўёни Донишгоњи Мавлоно мулоќот намуд. Ба Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимї дар бахши муносибатњои байналмилалї сарфароз гардонда шуд. Дар Донишгоњи Мавлоно Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин бо донишљўёни тољик, ки дар ин ва дигар мактабњои олии Туркия тањсили илму дониш мекунанд, суњбати самимї анљом дода, онњоро ба омўзиши амиќи илму техникаи муосир ва истифодаи босамари имконоти фарохи муњайёгардида њидоят намуд. Яке аз њадафњои муњими боздиди расмии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз Љумњурии Туркия иштирок дар маросими "Шаби арўс" буд, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Љалолиддини Балхї буда, њар сол дар рўзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул дар шањри Ќуния баргузор мегардад. Ин маросим аз ќироати порањо аз "Маснавии маънавї"-и Мавлои Балх, ѓазалиёти ирфонии ў ва ашъори дигари

дар шањри Душанбе ва Конфронси байналмилалии њамкории иќтисодї доир ба Афѓонистон (RECCA-5) сурат гирифт. Дар ин рўзњо Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар шањри Душанбе бо Президенти Љумњурии Исломии Эрон Мањмуди Ањмадинажод, Президенти Љумњурии Исломии Покистон Осиф Алї Зардорї, Президенти Љумњурии Исломии Афѓонистон Њомид Карзай, ки барои иштирок дар ин чорабинињои байналмилалї ташриф оварда буданд, мулоќот намуд. Он рўзњо шањри Душанбе њамчунин макони баргузории мулоќоти сељонибаи сарони давлатњои Тољикистон, Афѓонистон ва Эрон ва нахустин мулоќоти чорљонибаи сарони давлатњои Тољикистон, Афѓонистон, Эрон ва Покистон гардид. Танатанањои љашни байналмилалии Наврўз-2012 бо иштироки сарони давлатњо ва мењмонони сершумори воломаќом дар Наврўзгоњи пойтахт баргузор гардид. Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ва сарони давлатњои Афѓонистону Эрону Покистон - Њомид Карзай, Мањмуди Ањмадинажод ва Осиф Алї Зардорї аз намоишгоњи мањсули њунарњои мардумї, корхонањои истењсолї ва кишоварзони кишвар, ки њама бо рамзу нишон ва ороишоти наврўзї оро ёфта буд, диданд ва базму тараби идонаро бо ањли завќу эљод бо њам тамошо карданд. Барномаи идонаи љашни 3-юми байналмилалии Наврўз-2012 дар майдони фарохи дохили Наврўзгоњи пойтахт бо ворид шудани сарони давлатњои мазкур ва мењмонони дигари воломаќом оѓоз ёфт. Бори нахуст дар ин љашнгоњ, ки баъди навсозї дорои 14 њазор љойи нишаст гашта буд, Наврўзи хуљастаи љањонї бо барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарњанги Тољикистон, Афѓонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси бењтарин њунарњои дилхушї, шодию нишоти наврўзї, базми раќсу сурудњои дилнавоз ва таљассуми расму оини шўњратманди ниёгон истиќбол гирифта шуд. Мавриди зикр аст, ки Наврўзгоњи То-

тољикию туркї аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарќ суруда шудаанд ва њамчунин раќсу чархиши самоъ иборат аст. Масоили тањким ва густариши муносиботи дўстї ва њамкории судбахш бо давлатњои хориљї ва созмонњои минтаќавию байналмилалї, њамчунин зимни мулоќотњои сершумори Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар дохили кишвар баррасї шуд. Як силсила чунин мулоќотњо дар рўзњои таљлили Наврўзи байналмилалї

љикистон ба истиќболи Наврўзи байналмилалии 2012 бо њунари волои меъморону наќќошон ва дигар њунармандони хушсалиќаи кишвар зоњиран шакли зодгоњи Наврўз - тахти Љамшедро гирифт. Дар Конфронси 5-уми байналмилалии њамкории минтаќавии иќтисодї доир ба Афѓонистон (RECCA-5), ки дар Кохи Сомони Бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, сарони давлатњои Афѓонистон, Покистон, Эрон ва намояндагони воломаќом аз зиёда аз 40 кишвари дигар ва 35 созмони минтаќа-

сањ. 13

вию байналмилалї иштирок доштанд. Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ва сарони Афѓонистону Покистон Њомид Карзай ва Осиф Алї Зардорї дар Анљумани соњибкорони кишварњои сершумор, ки дар њошияи Конфронси панљуми RЕССА-5 баргузор гардид, иштирок ва ибрози андеша карданд. Анљумани мазкур дар Кохи Вањдати шањри Душанбе бо иштироки доираи васеи соњибкорон ва намояндагони сершумори давлатњои мададрасон ва созмонњои минтаќавию љањонї љараён гирифт. Пешнињодњои зиёди иштирокдорони Конфронс ва анљумани соњибкорони он барои љалби сармоягузории хориљї барои барќарорсозии иљтимоию иќтисодии Афѓонистон ва њаёти осоиштаи мардуми он, аз љумла тавассути татбиќи лоињањои сершумори зербиної дар бахшњои энергетика, саноат, наќлиёту роњсозї ва ѓайра мавриди таваљљуњу дастгирї ќарор гирифт. Дар њошияи Наврўзи байналмилалї ва Конфронси 5-уми RECCA Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин бо вазири наќлиёти Фаронса Тйерри Мариани, муовини порлумонии вазири корњои хориљии Япония Љо Накано, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттањид доир ба Афѓонистон Ян Кубиш, ёвари Дабири кулли СММ, Котиби иљроияи Комиссияи масъалањои иќтисодї ва иљтимоии ин созмон барои Осиё ва Уќёнуси Ором хонум Ноэлин Њейзер, Дабири кулли Созмони њамкории иќтисодї (ЭКО) Яњё Маъруфї, директори генералии Созмони байналмилалии муњољират Вилям Лесли Слинг, президенти Бонки исломии рушд Ањмад Муњаммад Алї, муовини вазири корњои хориљии Љумњурии Мисри Араб Муњаммад Њиљозї, мудири минтаќавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттањид барои кишварњои Аврупо ва Иттињоди Давлатњои Мустаќил, раиси Гурўњи минтаќавии СММ оид ба рушд Кори Удовички, Дабири кулли Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо Ламберто Заньер, намояндагони махсуси Иттињоди Аврупо доир ба Афѓонистон ва доир ба Осиёи Марказї Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел ва муовини вазири корњои хориљии Давлати Ќатар Алї ибни Фањд ал - Њољирї мулоќотњои судманд анљом дод. Яке аз нишондодњои пурарзиши давлати Тољикистон дар сиёсати минтаќавию љањонї ба фењристи "500 мусалмони бонуфузи љањон" дар соли 2012 ворид гардидани Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба шумор меравад. Фењристи "500 мусалмони бонуфузи љањон" аз соли 2009 ба ин сў аз љониби Маркази тадќиќоти стратегии исломии Салтанати Уммон дар њамкорї бо Маркази Шоњзода ал-Валид ибни Талол дар

Донишгоњи Љорљ Тауни Амрико интишор мешавад. Ба андешаи коршиносони умури сиёсию иљтимої мавзеъгирии Эмомалї Рањмон дар њимоят аз арзишњои дини ислом ва интиќодњояш аз мавридњои исломситезї дар љањони Ѓарб дар иљлосияњои Маљмаи Умумии СММ ва дигар њамоишњои љањонї, пуштибонии ў аз њалли мусолиматомези ќазияи Афѓонистону Фаластин ба шомил шудани исми Сарвари давлати мо ба ин фењрист боис гардидааст. Њамчунин Бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазњаби њанафї Имоми Аъзам ва дар сатњи байналмилалї таљлил шудани ин љашнвора боиси мањбубияти Тољикистон, пеш аз њама Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, дар љањони ислом шуд". Ин ва дигар хидматњои шоёни Эмомалї Рањмон ба нафъи мусулмонони љањон аст, ки соли 2005 ў бо даъвати Подшоњи Арабистони Саудї Абдулло ибни Абдулазиз ба дохили хонаи Каъба ворид шуда буд. Дар арафаи соли нави 2013 Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба хонаи кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилањои камбизоат дар шањри Турсунзода ва ба мактаб -интернати раќами 1-и шањри Душанбе ташриф оварда, тарбиятгирандагони ин муассисањои таълимиро бо арафаи соли нави мелодї табрику тањният гуфт ва ба њамаи онњо туњфањои хотиравї таќдим намуд. Ба роњбарону масъулони сохторњои дахлдор дастур дода шуд, ки барои истиќболи сазовори соли нави мелодї дар тамоми муассисањои таълимии ятимону бепарасторон, хона-интернатњои пирону барљомондагон ва дигар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї шароити зарурї ва фазои идона муњайё карда шавад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон зимни ташриф ба ин муассисањо ва паёми солинавї ба мардуми кишвар, аз љумла тамоми саховатмандонро даъват намуд, ки дар ин рўзњо ба оилањои камбизоат ва дигар табаќањои эњтиёљманди ањолї дасти кумак дароз намоянд. Изњори боварї карда шуд, ки соли нави 2013 соли ављи бештари бунёдкорию созандагї ва ободонї, рушди босуботи иљтимоию иќтисодии кишвар, афзоиши некуањволии мардум ва татбиќи амалии орзую омоли ширини њар як тољику тољикистонї мегардад.

Абдуфаттоњ ШАРИФЗОДА, Заробиддин ЌОСИМЇ Суратгирон: Маќсудљон МУЊИДДИНЉОНОВ ва Наќиб МУРОДОВ


Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

Тамѓаи мошини хориљї

15

ДОНИШАТРО БИСАНЉ...

Олињаи ишќу зебої дар Юнони Ќадим

Музей Сифати автомат ва аждањо

Гуногун, њархела

Модар Шўъбаи ... ва (лањљ.) шабона

Љуфт не Маънои ѓайриаслиро ифода мекунад (ад.)

Либоси варзишгарро чї тар мекунад?

Масофаи байни ду чиз

Олам (китобї)

Дар сартарошхона мемонад

Пиљак «барои сигоркашї»

Њайво- Яхпони хораи нагї азим

Ростї, …у вафо

Материки коала ва мурѓобинўл

Шабнами сармо

Нар ё мода

Равѓани зард

Амалиёти тафтишотї

Маркази вилоят дар Белорус

Нависандаи рус, муаллифи "Ревизор"

Маликаи рус

Як навъи мор

Њодисаи ѓайричашмдошт

Штат дар Њиндустон

Кишвар бо Абу-Даби ва Дубай (ихтисора)

Мазоњ, њазл, комедия

Паёмбари «Инљил»дор

Бомдод, сапедадам Меваи турши су��тропикї

Хотима, поён

Аз њама боло

Тамѓаи автомобили боркаш

Сардафтари адабиёти ќазоќ

"... и одат амри мањол"

Хом, норасид

Худро нишон додан

Ба њаракатоваранда

Муассисаи таълимї

Тараф, бар

Побарањна Љавоби «СКАНВОРД»-и шумораи 10 январи соли 2013, №2 (877)

Занбўри асал

Таом, ќут, ѓизо

Оњангсоз … Дўстмуњаммадов

Бехудї аз хурсандї, ѓояти шавќ

Т А А С С У Р Л А М О И Н К О мон П У Ф Т ФарИ Б А М У К Р О П пушт Б И МайС Аќиб, дончаи У Н бокс О Л Р Е Г А Т А Шарбати шиПахХирси нота дири Осиё Н Т рин Пули П А Н Д А сикка Т СНГ У А (тољ.) Й ноњ, О Гуљурм Н А М И Б Р дар Намибия Б Биёбон Д О Cl, унсури А Т О М И кимиёвї У Х Л О дар Африќо М У Ф Т Давлат некї О Хубї, И К С А Р Х А Р П Л Бузи А О М О кўњї И Й Ъ Р Ф О Р Д У Т О А Т В Д У О А С Н О Ќ А

Хурофотпарастї

...фри

Нафасбар ории самтнок

3600 сония

Йошкар..., шањр дар Русия

Шибит (русї)

Ќаторк ўњњои Амрикои Љанубї

Тар

Бут

Устод

Бомбаи ...

... у таштоб

Њаракаткунанда, мобилї

Чизи н ав ба вуљ уд о вар дан

Бе пул, ройгон

Фирўза …, саро янда

... Бусли, овозхони машњури њинд

… кардан = рад кардан

Љонишин

Гузариш аз оби љў, мар з ва ѓ

Ало мати ...

Китоби дарсї

Минтаќаи љуѓрофии гарм

Пойгаи яхтањо

Ин љонвари обї барќ њосил мекунад

Муќобили сахт

Дар дасти билярдбоз

Майхона

Делои љиноятї ё маъмурї

Зоти Ба хамори ридор печон лозим

Зеби абрў

Онро бо димоѓ њис мекунанд

Курта, љома, шим

Мол дар музояда

Соњиби эътибору обрў

Чорвои хонагї

Тими артиш (ихтисораи русї)

Њамвории атрофи дарё

Ин моњ дар Чили зимистон аст

Бародари калон (лањљ.)

Фарзанди падар Тамѓаи автомобили Љопон

Дарё дар Ќазоќистон ва Русия

Илму дониш

Мамнунї, хурсандї

Узангу

Масъалаи сарбаста;

Сурат, тасвир

Њар фи дар ил ми риёз ї сери стеъмо л

«В арзиш-…», њафтанома

Падар (лањљ.)

Расм, сурат

Тамѓаи мошини амрикої

Тамѓаи хокаи либо сшўї

"Мантиќ-... тайр"и Аттор

Њуљра, хона

Кушоиши кор

Б А А К К Р О С М Р О Магас П П А С Бишкек А Фурудгоњи Ш И Р Ш А Н Г У Ќаланфури њиндї Р М У З Тамом У (лањља) Р А Ч А Д Н О А З О Е Б У Як хел муаммо Н А Н А Б Л А М Пар рандаи думдарози ало

Ран ги нилобї, кабуд

… Маккартни, сарояндаи гурўњи « Битлз»

Яроќи вазнини љангии ќадим

Орову ...

Тўтии ду мдароз

Наќб да р ЉТ

Онро да р та нўр мепа занд

Тамѓаи автобусњои советї

М ута ха сЊудуд, сарзами- с иси с охни тобеи т и ба да«ќалам» ни инс он

Ваќт , лањза

Даст ба ... бардоштан

Мо шини авва лини шўр авї

Яке аз аъзо

Ташкилоти ба ск етболи ИМА (русї)

Яроќи Юбкаи Калаш- кўтоњ ников

М А И З М Н О Н И И Ф О Л Р Њ И М А Адади ... - тиА Д раж Н О Я Б сол А Моњи А С Т У Х Гўшт ба он мечаспад М Г О Р Д А Й Р А Ш А Њ камбудї Н Иллат, У З В Ќ А С Р Дарё дар Хорватия А Т О М А Р А В

Тарњ, наќша

Шарм, њаё

Тунукаи чўбин

Зоти саг, булдоги хурд

Дар ё дар А фр иќо

Дарё дар Хитой, Њиндустон ва Покистон

Бахшиш, тўњфа

Оњангсози олмонї Иоњ ан Себастян …

Л И М И Т О О И Р О К Њ З И А Н Е Р А И У Миллати сокини Н Д С Миср А О Р Т А Ш А Р Р Ъ А А Д И Б О Н Б Пайвандак И О А Ќ И Д А Н Л Г О Р И А Д Ч О Р Мањдудият (мас., дар барќдињї) (русї)

Алифбо аз н уќтаю тирењо

Жанри мусиќии ѓарбї

Нињо н (лањља)

Картошкабирёни амрикої

Бонг, ф арё д

Раги калонтар ини инсон

Нависанда ё шоир

... Файзуллоев, нависанда

На въи њаљ

Фикру андеша

Ихтисораи Љумњурии демократии Олмон (рус .)

Занбў р аз гул мегирад

Њарфи Н дар кимиё

Љамъшавии мое дар бофтањо, омо с

Обдор

Чашм, дида

Њодисаи табиат

Муайян, сање њ

Раќи би к атод

Владимир … Ленин Шу мора и ё ро ни Рас улу ллоњ (с.)

Ма њр ум

Тамѓаи авто мобили К орея

Аѓба дар Вањдату Норак


16

Минбари халќ 17 январи соли 2013 №3 (878)

ХУСУСИЯТЊОИ ТАБОБАТИИ

Шифохонаи «Минбари халќ»

CИЁЊДОНА Сиёњдона тухми растании бўстониест,ки ба тухми кунљид монанд аст,вале ранги он сиёњ мешавад. даи як ќошуќча равѓан ё тухми сиёњдона тавсия дода мешавад, ки онро метавон бо шарбати афлесун ё йогурт истифода бурд.

Мардуми Осиё барои муолиљаи беморињои худ аз сиёњдона тўли 3000 сол инљониб истифода мубаранд. Барои муолиља дар тиб худи сиёњдона ва тухмаш ба кор меравад. Пайѓамбари ислом Муњаммад (с) њазору чорсад сол пеш дар бораи ин неъмати табиат гуфта буданд ,,Дар сиёњдона ба љуз марг барои дигар беморињо шифо њаст." Агар сиёњдонаро доруи пайѓамбари ислом гўем њам,хато намешавад,зеро Муњаммад (с) њангоми беморињои худ аз сиёњдона истифода бурда, истифодаи равѓанашро ба дигарон тавсия медоданд. Соли 1959 дар донишгоњњои љањонї зиёда аз 200 тадќиќот оид ба нафъи сиёњдона гузаронида шуд. Њамаи тадќиќотњо натиљаи мусбат доданд. Яъне маълум карда

шуд, ки сиёњдона воќеъан њам барои саломатии инсон нињоят судманд аст. Мувофиќи тадќиќоти олимони кимиёшинос дар таркиби тухми сиёњдона зиёда аз 100 элемент мављуд аст, ки бисёрии онњо њанўз омўхта нашудаанд. Аммо сафеда, калтсий, оњан, руњ, фосфор ва кислотањои таркиби сиёњдона ба саломатї таъсири бебадал доранд. Соли 1989 дар Покистон ва соли 1992 дар Бангладеш дар бораи таркиби антибиотикии сиёњдона тадќиќот гузарониданд. Маълум гашт, ки сиёњдона аз антибиотикњои сахтаъсиртарин ампитсилин, тетратсиклин, котримокзазол, гентамитсин ва кислотаи налидикс пурзўртар мебошад. Барои дар њолати муътадил нигоњ доштани иммунитети бадан, њамарўза истифо-

ДАСТУРЊОИ ТАБОБАТЇ БО ЁРИИ СИЁЊДОНА ВА РАВЃАНИ ОН 1. Барои табобати астма а) Истеъмоли равѓани сиёњдона сањару бегоњ як ќошуќчагї; б) Молидани равѓан ба ќафаси сина ва гулў; в) Мањси сабук бо ин равѓан. 2. Дарунравї а) Як ќошуќи калони равѓани сиёњдонаро бо йогурт якљоя карда,3 рўз ду маротиба истифода бурдан; б) Истеъмоли 1,5 ќошуќча равѓани сиёњдона бо оби пўсти анор (ним стакон). 3.Дарди сар а) Молидани як ќошуќравѓани сиёњдона ба пешонї ва чакањои сар; б) Аз дуди донањои сиёњдона бо бинї нафас гирифтан.

"КРАСНЫЙ КОРЕНЬ" - (СУРХРЕША)

нархаш 22 сомон

КРАСНЫЙ КОРЕНЬ номи мардумии растании камёфтест, ки дар баландкўњњо мерўяд. КРАСНЫЙ КОРЕНЬ (СУРХРЕША) ба бењшавии гардиши хун, кушодаву рафъ шудани ќарорањо дар ѓадуди простата, эњёи фаъолнокии љинсии мардона мусоидат мекунад. Аденома, ки ба "дили мард" - ѓадуди простата зарбаи сахт мерасонад, дар марњалаи ибтидої хатарнок нест - агар сари ваќт табобати онро бо КРАСНЫЙ КОРЕНЬ (СУРХРЕША) пешгирї намоед. КРАСНЫЙ КОРЕНЬ (СУРХРЕША) кўмаки пурзур мерасонад: ба пурра холї шудани пешобдон; кам намудани зудии пешобкунї ва бо таъсири нарму мулоим ба барќароршавии фаъолияти љинсии мардон такон медињад. Дар таркибаш спирт ва ќанд надорад, бинобар ин ба гирифторони як ќатор беморињо аз ќабили диабет, атеросклероз, фарбењї ва ѓ. зapap надорад. Тарзи истеъмол: рўзе 2 бор 10-20 чакра давоми 1моњ. АЗ ДОРУХОНАЊО ХАРИДОРЇ НАМОЕД!

«ПЛОСКИЙ ЖИВОТ» (Шиками њамвор) Алакай дар бораи ин мањсулот андешаи бисёрињоро пурсида навишта будам. Баъди як моњи истифода фикри ман чунин аст - ОН БЕЊАМТОСТ! Ман ягон ваќт чунин шиками зебову њамвор надоштам. На аз варзишу на аз парњез. Мушакњои шикамам мустањкам буданду аммо њељ наметавонистам равѓани онро дур намоям. Баъд аз истифодаи ин даво мушкилам њал шуд. Танњо шикамам њамвор шуд на дигар љойњои баданам. Инро пурра истифода намуда боз мехарам. Ягон таъсироти дарунравонї надорад, танњо гиёњ. Як моњ рўзе 2 њаббї истеъмол менамоям. Нархаш 45 сомонї - он ќадар гарон не барои онњое, ки чї ќадар хоњиши харобкунии шикамро доранд. Тел: Душанбе 95-178-85-08, в. Суѓд ва ноњияњои он 927-49-33-47 Аз дорухонањои шањр пурсон шавед! Истењсолкунанда Индонезия - Русия Рўзнома моњи декабри соли 1994 тањти раќами 309 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст. Ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома зимнан метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад. www.minbari.halk.tj E-mail: minbarihalk@hhdt.tj

Сармуњаррир Бахтиёр ЊАМДАМОВ

ÁÀÐÎÈ ÌÀÚËÓÌÎÒ: Дастгоњи КИМ ЊХДТ Идораи рўзнома тел: 224-23-90, 224-83-72, 224-49-29, 221-63-21. факс: 224-27-59

www.tribun.tj

тел. 238-72-10, 238-54-61, 238-79-07, факс: 227-44-94

E-mail: minbarihalk@bk.ru

4.Буѓумдард а) Равѓани сиёњдонаро бо равѓани ангат якљоя карда,ба мушакњо ва буѓумњои дардманд шакидан; б) Пеш аз хоб нўшидани обе,ки дар он тухми сиёњдона љўшонида шудааст.Ин таркибро бо асал истифода мебаранд (як стакон). 4. Беморињои пўст а) Бо гулоби садбаргї баробар равѓани сиёњдона гиред, сипас мавзеи доѓи сафеди пўст(ветелиго)-ро бо порчаи матое,ки олудаи сирко аст,сахт-сахт молиш дињед. Баъди ин таркиби болоиро ба он молида,мавзеи иллатнокро гузоред,ки аз нурњои офтоб бањравар гардад; б) Барои нест кардани шукуфа ва аллергияи пўст истеъмоли як ќошуќча аз равѓани сиёњдона дар њар рўз 23 маротиба давоми 10-15 рўз тавсия дода мешавад. 5. Бемории диабети ќанд а) Њафт ќатра равѓани сиёњдона,як стакон шарбати сабзї,як дона дандонаи кўфтаи сир бењтарин даво барои диабети ќанд арзёбї мешавад;

б) Як стакон тухми сиёњдона,як стакон тухми занљабили обї,1,5 стакон пўсти анорро гирифта,якљоя карда кўбед.Аз ин таркиб давоми як моњ як ќошуќча пеш аз хўроки субњона истеъмол намоед. Агар њамроњи он як ќошуќча равѓани сиёњдона њам истеъмол кунед, нафъ бештар хоњад шуд. 6. Барои беморињои саратонї а) Афшурдаи як пиёзи миёнњаљмро бо иловаи як ќошуќча равѓани сиёњдона бо дили нањор давоми як моњ истеъмол кардан; б) Барои саратони гулў њар рўз бе танаффус истеъмоли якљояи як ќошуќча равѓани сиёњдона бо як ќошуќ асал. ЗАРАРИ СИЁЊДОНА ВА РАВЃАНИ ОН Ба занњои хомила ва беморињои љиддии љигар, ќалб ва гурдањо истеъмоли сиёњдона ва равѓани он дар меъёр-давоми рўз 28-35 грамм тавсия д��да мешавад.

Тањияи Наргиси МУРОДАЛЇ

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Дафтарчаи имтињонии Одинаев Наимљон тањти № 095/03, ки онро Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С. Осимї додааст, бинобар сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад. *** Шартномаи хариду фурўши хонаи истиќоматии воќеъ дар ноњияи Фархор, шањраки Фархор кўчаи Сангак Сафаров, хонаи № 14, њуљраи-7, ки ба Давлатов Њабибулло Абдулњаќович тааллуќ дорад ва дар идораи нотариалии давлатии ноњияи Фархор тањти № 6 Н-18 аз 07.02.2003 ба ќайд гирифта шудааст, эътибор надорад. *** Шиносномаи А3019776, ки онро ШКД ноњияи И. Сомонии шањри Душанбе 25.12.с.2003 ба Байдуллоев Азамљон Ибодуллоевич додааст, бинобар сабаби гум шуданаш, эътибор надорад. *** Патенти гумшудаи №0117211, ки онро соли 2010 Нозироти андози ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон ба Аралов Маъруф Эшонќулович додааст, эътибор надорад.

ЌАТЪ МЕГАРДАД Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Дармонгоњи тиббию косметологии Даво" фаъолияташро ќатъ мекунад. Арзу шикоятњо то як моњи пас аз эълон ќабул карда мешавад. Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањраки Роѓун ба сардори шўъбаи корњои дохилї Саидов Таѓоймурод нисбати даргузашти ПАДАРАШ њамдардї изњор намуда, ба наздикону пайвандони марњум аз даргоњи Худованд сабри љамил мехоњанд.

Муовини сармуњаррир оид ба тиљорат: Хусрав Дўстов

ЊАЙАТИ

ЭЉОДЇ:

Котиби масъул: Маъруфљон Мањмудов Хабарнигорон: Љумъа Ќуддус, Алиљон Љўраев, Толиби Луќмон Масъули чоп: Мирзоалї Юнусов Њуруфчинон: Љамила Ањмадова, Гуландом Раљабова Мусањњењ: Сабоњат Худоёрбекова, Суратгир: Тўхтамурод Рўзиев Сањифабанд: Фирдавс Таушаров

НИШОНИИ МО: 734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозї, 16. Индекси обуна: 68910 Макони чоп: нашриёти «Шарќи озод». Теъдоди нашр: 49270 нусха Навбатдор: А. Љўраев


«Минбари халқ» NO3