Issuu on Google+

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

Барои созандагї ва рушди босуботи Тољикистон

14 ноябри соли 2013, панљшанбе, №46 (921)

www.tribun.tj www.minbari.halk.tj E-mail: minbarihalk@hhdt.tj E-mail: minbarihalk@bk.ru

НАШРИЯИ МАРКАЗИИ ЊИЗБИ ХАЛЌИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЉИКИСТОН

ПИРЎЗИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ПИРЎЗИИ МИЛЛАТ АСТ

Мушкилот

МОНЕЪАЊОИ СУНЪЇ ДАР РОЊИ БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОЊ

сањ. 6

Сиёсат МАРДОНИ БЕРЎЮ БЕЛАФЗ

сањ. 9

Пешнињод

БАРОИ НЕРЎГОЊЊО ОБАНБОРИ ЗАХИРАВЇ ЗАРУРАНД?

сањ. 4

НАТИЉАЊОИ НИЊОИИ ИНТИХОБОТИ Мувофиќи протоколњои љамъбастии натиљаи интихобот, ки аз комиссияњои њавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон баќайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозњои интихобкунандагон ба таври зайл таќсим шуданд: 1. Бобоев Олимљон, номзад аз Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%;

ПРЕЗИДЕНТИ ТОЉИКИСТОН 2. Бухориев Толиббек Ањмадович, номзад аз Њизби аграрии Тољикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%; 3. Ѓаффоров Абдуњалим, номзад аз Њизби сотсиалистии Тољикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%; 4. Исмонов Саидљаъфар Исмонович, номзад аз Њизби демократи Тољикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%; 5. Талбаков Исмоил Иброњимович, номзад аз Њизби коммунистии Тољикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%;

6. Эмомалї Рањмон - номзад аз Њизби Халќии Демократии Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, тарафдор 3157253 нафар ё 84,23%. Њамин тариќ, мувофиќи моддаи 34 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон" ЭМОМАЛЇ РАЊМОН Президенти Љумњурии Тољикистон интихобшуда њисобида мешавад.

сањ. 10

Муњити зист КАЙ ФАРЊАНГИ ШАЊРНИШИНИРО МЕОМЎЗЕМ?

сањ. 13


2

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

НОМАЊОИ ШОДБОШЇ Президенти Љумњурии Озарбойљон Илњом Алиев ба Президенти аз нав интихобшудаи Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон барќияи шодбошї ирсол намуд, ки дар он, аз љумла, гуфта мешавад: "Муњтарам Эмомалї Шарифович, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенети Љумњурии Тољикистон сидќан муборакбод менамоям. Пирўзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халќи Тољикистон сиёсати Шуморо, ки маќсад аз он тањкими мустаќилияту соњибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва ќонуният аст, далолат мекунад. Аминам, ки саъю кўшишњои якљояи мо минбаъд њам ба густариши муносибатњои неку дўстонаи анъанавї, рушди њамкорї ва фаъолияти мутаќобилаи байни кишварњоямон ба манзури шукуфоии халќњоямон мусоидат менамояд. Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, муњтарам Эмомалї Шарифович, тансињатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатии Шумо ба нафъи Тољикистони дўст муваффаќиятњо орзу мекунам". Дар барќияи шодбошии Раиси Љумњурии Исломии Эрон Њасани Руњонї омадааст: "Љаноби оќои Эмомалї Рањмон Президенти Љумњурии Тољикистон. Интихоби муљаддади Љаноби Олї ба унвони Президенти Љумњурии Тољикистонро ба Шумо, Давлат ва миллати кишваратон самимона табрик мегўям. Ин интихоби муљаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошњои масъулини Љумњурии Исломии Эрон ва Љумњурии Тољикистон љињати амалї шудани барномањои дар дастури кори миёни ду кишвар фароњам хоњад намуд. Умедворам, дар давраи љадид ва дар партави саъйу кўшишњои муштарак, беш аз пеш шоњиди густариши рўзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатњои мутаќобили ду миллат ва њамчунин тавсеаи сулњу амнияти минтаќавї ва байналмилалї бошем. Аз Худованди мутаол, саломатї ва муваффаќияти Љаноби Олї, сарафрозї ва бењрўзии Давлат ва миллати дўст ва бародари Тољикистонро орзу дорам". Дар барќияи шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњаммадов гуфта мешавад: "Муњтарам Эмомалї Шарифович, Ба муносибати интихоби муљаддади Шумо ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон табрикоти самимонаамро ќабул фармоед. Аз ин имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо тансињатии бардавом, ѓайрату ќувваи њаётбахш, њамчунин бахту саодати шахсї ва дар ин мансаби олии давлатї ба нафъи пешрафту шукуфоии халќи дўсти Тољикистон комронињоро таманно дорам. Муњтарам Эмомалї Шарифович, итминону эњтиромоти бепоёнам нисбат ба Шумо ва омодагии доимиамро дар амри рушду тањким бахшидани муносибатњои дўстонаи байни кишвару халќњоямон ќабул фармоед".

Дар барќияи шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфта мешавад: "Муњтарам Эмомалї Шарифович, Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шутанатон ќабул фармоед. Ѓалабаи комил дар интихобот нишонаи сатњи баланди эътимоди шањрвандони Љумњурии Тољикистон ба Шумо ва хизматњои шахсии Шумо дар рушди иљтимої ва иќтисодии мамлакат мебошад. Робитањои миёни Русия ва Тољикистон хусусияти анъанавии дўстона ва созанда доранд. Мехоњам њавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба тањкими минбаъдаи шарикии дуљонибаи стратегї ва иттифоќї ба манфиати халќњои бародарамон ва бањри таъмини сулњ, амният ва субот дар Осиёи Марказї изњор намоям". Аз самими ќалб ба Шумо, муњтарам Эмомалї Шарифович, тани сињат, дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбињои тоза ва тамоми хушињоро таманно дорам". Дар барќияи шодбошии Президенти Туркия Абдулло Гул омадааст: "Љаноби Президент, Бародари азиз, Дар натиљаи интихоботи президентї, ки дирўз дар кишваратон баргузор гардид, Шуморо, Љаноби Олї, ба маќоми Президентї бори дигар интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва аз номи халќи турк самимона бо бењтарин таманниёт табрик мегўям. Баргузории бомуваффаќияти интихобот дар шароити тинљиву оромї хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиљаи интихобот ба халќи Тољикистон хайру саодат меорад. Равобити дўстонаву бародаронаи байни кишварњо ва халќњоямон дар самтњои гуногун бо пешвоии хирадмандонаи Шумо рушду тањким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марњилаи нав низ Љаноби Олї саъю ѓайрати хешро дар ин љода дареѓ нахоњанд дошт. Бо истифода аз фурсат ба Љаноби Олї, Бародари азизам, тандурустиву хушбахтї ва ба халќи дўсту бародари тољик бењбудиву хушнудї орзумандам". Алмазбек Атамбоев, Президенти Љумњурии Ќирѓизистон дар барќияи худ гуфтааст: "Муњтарам Эмомалї Рањмон, Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданатон, ќабул фармоед. Пирўзии комили Шумо дар интихобот нишони сатњи баланди боварии халќи тољик ба Шумо ва хидматњои Шумо дар роњи рушди иљтимоиву иќтисодии Тољикистон аст. Робитањои анъанавии дўстї миёни Љумњурии Ќирѓизистон ва Љумњурии Тољикистон њамасола беш аз пеш фарогиртар шуда, ба худ хусусияти динамикї касб мекунанд. Њавасмандии худро барои њамкорињои муштараки фаъол љињати татбиќи мувофиќатномањоямон, ки ба манфиати халќњои бародари мо нигаронида шудааст, баён менамоям.

Самимона ба Шумо муваффаќият ва дастовардњои арзанда дар фаъолияти пурмасъулияти давлатї ва ба халќи дўсти тољик сулњу шукуфоиро таманно дорам". Дар барќияи табрикотии Котиби генералии Созмони Њамкорињои Шанхай Дмитрий Мезентсев омадааст: "Муњтарам љаноби Президент, Табрикоти самимии моро бинобар сабаби интихоби Шумо ба маќоми баланду масъули Президенти Љумњурии Тољикистон ќабул фармоед. Сифатњои Шумо њамчун сиёсатмадори нерўманд ва намоён, миќёси муайян намудани маќсадњо ва вазифањои рушди мамлакат, муваффаќиятњои пайваста, мањорати зери таъсири худ нигоњ доштани вазъиятњои мураккаб аз нав интихоби дурусти мардумро нишон доданд. Хатти машйи стратегие, ки тањти роњбарии Шумо амалї мегардад, ба афзоиши наќшу эътибори Тољикистон дар арсаи байналмилалї мусоидат менамояд. Мутмаинем, ки раисии Љумњурии Тољикистон дар Созмони Њамкорињои Шанхай таъмиќи њамкорињои мутаќобилаи серљабња дар фазои созмон, сифати нави њамкорињо дар соњаи амнияти минтаќавї ва миќёси нави муносибатњоро дар бахшњои тиљоратию иќтисодї ва фарњангию гуманитарї таъмин намуда, ба њамкорињо бо кишварњои нозир ва шарикони муколама дар Созмони Њамкорињои Шанхай таккони тоза мебахшад. Иљозат дињед, ба Шумо тансињатї,комёбињои бузург,хонаободию саодатмандї, ба мардуми Тољикистон -сулњ, хушбахтї ва шукуфоиро таманно намоем". Дар барќияи шодбошии Котиби генералии Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї Николай Бордюжа омадааст: "Иљозат дињед, Шуморо ба муносибати Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданатон табрик гўям. Ѓалабаи комили Шумо дар интихобот гувоњи бењтарини он аст, ки дар Тољикистон зери роњабарии Шумо талошњо љињати тањкими потенсиали кишвар, њалли мушкилоти иљтимоиву иќтисодии он, таъмини субот, амнияти байналмилаиву минтаќавї аз љониби мардум дастгирї меёбанд. Бо самимият изњори умед мекунам, њадафњои СААД љињати талошњои кишварњои аъзо дар самти мубориза бо тањдиду хатарњои амниятии дар миќёси Авруосиё бавуљудоянда ва баланд бардоштани нуфузи Созмони мо дар арсаи байналмилалї аз љониби Шумо дастгирї хоњанд ёфт. Муњтарам Эмомалї Рањмон, бори дигар иљозат дињед аз самими ќалб дар самти амалї гардидани наќшањоятон муваффаќиятњои навин, дар фаъолияти самаранок дар роњи сулњ, рифоњ ва шук��фоии халќи тољик дастовардњои бардавом орзу намоям". Барќияњои шодбошї аз Амир ва Сарвазири Давлати Ќатар Амири Давлати Ќатар Тамим ибни Њамад Оли Сонї ба Президенти тозаинтихоби Тољикистон Эмомалї Рањмон ба-

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

АЗ САРОНИ ДАВЛАТЊОИ ХОРИЉЇ ВА РОЊБАРОНИ СОЗМОНЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ рќияи шодбошї ирсол намуд, ки дар он аз љумла омадааст: "Љаноби Олї, Боиси хушнудии ин љониб аст, ки ба муносибати бори дигар интихоб гардидан ба маќоми Президенти Љумњурии Тољикистон, Шуморо аз номи мардуми Давлати Ќатар ва шахсан аз номи худам самимона табрик намоям. Бо истифода аз ин фурсат бењтарин таманниёти худро ба Љаноби Олї иброз медорам ва идомаи муваффаќиятњо ва пешрафту рифоњияти бештарро ба мардуми шумо хоњонам ва итминон медињам, ки майли мо ба манзури таќвияти бештари равобити дўстї ва њамкорї байни ду кишвари мо давоми раёсати нави Шумо аст". Дар барќияи шодбошии Сарвазир ва Вазири корњои дохилии Давлати Ќатар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонї омадааст: "Љаноби Олї, Хушоянд њастам, ки Шуморо ба муносибати муљаддан интихоб шуданатон ба маќоми раёсатї дар Љумњурии Тољикистон табрик гўям ва таманниёти самимонаро бо дарёфти комёбињо ва пешравињои бештар ба мардуми кишвари дўст таманно намоям". Подшоњи Шоњигарии Њошимии Урдун Абдуллоњи II ибн Ал Њуссейн ба Президенти тозаинтихоби Тољикистон Эмомалї Рањмон барќияи шодбошї ирсол намуд, ки дар он аз љумла омадааст: "Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, Боиси сарфарозии ман аст, то самимонатарин табрикоти худро ба Шумо Љаноби Олї, ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба њайси Президенти Љумњурии Тољикистон изњор намоям. Ман ба Шумо Љаноби Олї, аз номи худ ва аз номи Њукумат ва мардуми Урдун содиќонатарин таманниётро иброз намуда, ихлосмандии худро љињати таќвият ва бењбудии равобити дуљонибаи њамкорї дар тамоми заминањо бањри расидан ба манофеи муштараки њарду кишвар ва мардуми бародар собит менамоям. Ба Шумо Љаноби Олї саломатии бардавом ва ба мардуми Тољикистон пешрафту рифоњро орзу дорам". Дар барќияи шодбошии собиќ Президенти Украина Леонид Кучма омадаст: "Муњтарам Эмомалї Шарифович, Шуморо самимона ба муносибати бори дигар ба мансаби олии Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданатон табрик мегўям. Сањми барљаста ва шахсии Шумо дар ташкил ва тањкими давлати мустаќили Тољикистон дар тамоми дунё ба расмият шинохта шудааст. Овоздињии беш аз 80 фоизи интихобкунандагон ба љонибдории Шумо дар интихоботи баргузоргардида далели возењи муњаббат ва эњтироми мардум ба роњбари худ ва тасдиќи роњи дурусти интихобнамудаи Шумо дар сиёсат аст. Ман аз густаришу тањкими њамкорињои дуљонибаи мутаќобилан судманди миёни Украина ва Љумњурии Тољикистон ва њимояи мутаќобили кишварњои мустаќи-

ламон дар арсаи байналмилалї хушњолам. Ман аз фаъолияти мушарак бо Шумо ва ба манфиати халќњоямон ба хушнудї ёд мекунам. Ба Шумо муваффаќиятњои навин, сињатї, саодати рўзгор ва ба халќи дўсти тољик шукуфої таманно дорам. Дар номаи шодбошии Президенти гурўњи Бонки Исломии Рушд Доктор Ањмад Муњаммад Алї омадааст: "Љаноби Олї, Мехоњам ба Шумо, табрикоти самими худро ба муносибати бори дигар ба маќоми Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шуданатон расонам. Ѓалабаи овозадори Шумо дар интихобот аз бузургии мардум ва эњтироми беандозаи миллати Тољикистон зери роњбарии хирадмандонаи Шумо ва инчунин аз маваффаќияти беназири њукумататон шањодат дод. Ман мехостам, ки ин рўйдоди фарањбаш ва омодагии гурўњи Бонки Исломии Рушд барои сањми арзандаатон дар саъю талоши доимї оид ба таъмини накўањволии мардуми Тољикистон иброз дорам. Бинобар ин, Бонки Исломии Рушд тадбирњои заруриро тањти дастуроти њамешагии худ љињати дастгирии рушди Тољикистон ќарор дода, барои он саъю кўшиш ва омодагии худро иброз медорад ва умедворам, ки њамфикриро бо кишварњои аъзои Бонки Исломии Рушд мудом ба роњ мемонад. Љаноби Олї таљдиди ѓояти эњтироми маро ќабул намоед". Борис Кандов - Президенти Конгресси яњудиёни бухорої дар ИМА ва Канада дар номаи шодбошии худ гуфтааст: "Муњтарам Эмомалї - ака, Аз номи љомеаи чандинњазорнафараи яњудиёни бухороии Амрикои Шарќї хоњишмандам, самимонатарин тањнияти моро ба муносибати муљаддадан барои муњлати нав интихоб гардиданатон ќабул фармоед. Дигар гуна буданаш ѓайри имкон буд, зеро дар тамоми солњои роњбарии Шумо љумњурї ва мардуми тољик дар тамоми бахшњо ба дастовардњои беназир ноил гардид. Имрўз Тољикистон мустаќил, демократї, давлати ќавї ва дорои љойгоњи сазовор дар љомеаи љањонист. Эмомалї -акаи азиз, Мо аз Шумо нињоят шодем ва ин рўйдодро њамчун нишонаи бахт, ба унвони раванди тозае дар таърихи Тољикистони муосир мепазирем. Дидори мо бо Шумо дар шањрњои Ню- Йорк ва Душанбе фаромушнашуданист. Воќеъбинї, матонати ќазоват ва дўстиву эњтироми Шумо нисбат ба яњудиёни бухорої эњсоси фарањмандии моро бедор мекунад. Мутмаинем, ки ин эњсоси мо њаргиз хомўш нахоњад шуд, балки сол ба сол ва бо њузури Шумо афзунтар хоњад гашт. Шуморо бори дигар табрик мегўям ва таманнои онро дорам, ки њамеша сињатманд ва дар ињотаи муњаббат ва эњтироми онњое бошед, ки Шуморо мешиносанд ва бо Шумо ифтихор доранд".

www.president.tj


3

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

(Аввалаш дар шуморањои гузашта) ОИД БА ИФТИХОРИ МИЛЛЇ ВА МЕЊАНПАРАСТЇ

М

О, зиёиён, дар замони шўравї, дарвоќеъ, орзу доштем, ки дар ќатори нобиѓагону шахсиятњои таърихии љањонї номи абармардони тољик дар сањифањои таърих љой дода шавад, то аз онњо тамоми халќ огоњ бошад ва барои рўњи волои миллат хидмат намоянд. Вале, тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон борњо бо интиќод зикр намудаанд, дар китобњои дарсии мо номи садњо ќањрамонњо, шоњони халќњои дигар сабт гашта буд, вале барои ниёгони бошарафи мо ва дигар халќњои шўравї гўё љой намерасид. Пас аз парокандагии ИЉШС бошад, гўё китобњои машњури оид ба таърихи халќи мо, аз љумла "Тољикон"-и аллома Бобољон Ѓафуровро ѓаризахоњони хориљї гўё фаромўш карда, дастовардњои ниёгони моро ба халќњои дигар нисбат додан гирифтанд. Ва мањз муњтарам Эмомалї Рањмон дар китобњои таърихии худ "Аз Ориён то Сомониён", "Нигоње ба таърих" ва нутќу баромадњояш аз минбарњои баланд дар ар-

"Таърихи даврањои њуљум ва тасаллути аљнабиён шањодат медињад, ки сокинони шањрњои ќадима ва рустоњои зиёди ниёгони мо барои озодї ва истиќлол то фарди охирин муќовимат намуда, дар набардњои нобаробар ќањрамонона њалок мешуданд. Воќеан, як рукни фаъоли ин муборизањои истиќлолхоњї занон ва духтарони фидокор буданд, ки дар лањзањои душвортарини таърих на танњо мардонавор љангида, марги бошарафро аз тобеияту асорат авлотар донистаанд, балки ба низоми идораи мулк ва тахту тољи ќайсарону шоњаншоњони аљнабї роњ ёфта, барои наљоти Ватан ва ормонњои истиќлол љонбозињо кардаанд". Ягон падидаи барои он замон ва имрўз муњим аз назари Сарвари давлат дур намондааст ва ў ќањрамонони миллатро ном ба ном овардааст. Китобњои зикршудаи ў дар як муддати кўтоњ бо њама забонњои асосии байналмилалї тарљума ва дар саросари љањон нашр шуданд ва ба таври воќеї барои љањониён номи аксари ќањра-

ПРЕЗИДЕНТИ ОРМОНЊОИ МИЛЛЇ

саи васеи байналмилалї номи бузургони миллати моро эњё намуд. Ифтихори воќеии ў дар њар як сањифаи таърихи миллат равшан њувайдост: "Тољикон дар дарозои таърих бо зиракию њусни тадбир, аќлу дониш ва хиради азалии худ дар корњои давлатдорї наќши барљаста бозида, бо фарњанги оламшумул, низоми ташаккулёфта девондорию идоракунї, суннатњои усулан ќавї ва забони шево дар баробари нигоњ дошта тавонистани њастии худ, дар рушду густариши тамаддуни љањонї сањми арзанда гузоштанд", -менависад Сарвари давлат Эмомалї Рањмон. - Њангоми мутолиаи китобњои нашргашта дар бораи сулолањои бузург, ки давлатњои пурќудрати аљдодии моро таъсис дода, дар пешрафти тамаддуни башарї сањм гузошта буданд, фикр карда, аз як тараф ифтихор мекардам. Ифтихор аз ин ки мо, тољикон гузаштагони бузург дорем, таъриху анъанаи давлатдории бењтарин насибамон шуда буд ва воќеан њам наќши намоён дар таърих доштаем". Барои Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ашхоси номвари тољик новобаста аз замону кешу мазњаб гаронќадр аст. Аз љумла, дар бораи нахустпаёмбари ориёї Зардушт бо ифтихор навиштааст: "Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу љозибанок аст, ки бисёр халќњои бостонї вайро аз нобиѓагони љањони куњан донистаанд. Њатто, чунин халќе мисли юнонињо, ки Ѓарби муосир фарњанги онњоро сарчашмаи тамаддуни имрўзаи худ медонад, аз айёми куњан бо номи ў ошно буда, дар бораи дини ў маълумоти муайяне доштаанд. Онњо мувофиќи расму оини бостонии худ, бо хатми њар садсола аз миёни доноёни он замон њафт нафар хирадманд интихоб мекарданд, ки дар пешрафту комёбии моддї ва маънавии халќи Юнон сањми бештар гузошта бошанд. Љолиб аст, ки дар китоби "Строматы"-и Клименти Александронї дар миёни њафт нафар хирадмандони юнонї ду нафар орёї, яъне Зардушт ва Абарис зикр карда шудаанд". Пайдост, ки њамчун муњаќќиќ Эмомалї Рањмон аз таљрибаи неки мењандории ниёгон, муњаббати онон ба Ватан ва намунањои олии ќањрамонї бањри наљоти мењан ба ваљд омада, чун фарди некдил ва мењанпарасти асил ифтихор мекунад:

монони мил��атро дубора мунташир гардонданд: "Мувофиќи далелњои раднопазири муаррихони юнонї ба тахти Искандари Маќдунї њамнасаби мо Рухшонаи духтари Вахшуварт "њамсари шарќї ва асираи маќдунињо" нишаста, дар атрофи худу писари хурдсолаш Искандари IV нерўњои хайрхоњу некмазњар, аз љумла ашрофони бохтариро гирд овард ва дувоздањ соли тамом - то лањзаи ўро зањр дода куштани раќибони сарсахташ империяи бузурги маќдунињоро идора мекард. Ва аљобати чархи таърих ва идомаи талошњои истиќлолхоњї дар он аст, ки баъди марги Рухшона ба арсаи сиёсат ва давлатдории эллинї Апамаи духтари Спитамен омад, ки ў њамсари императори нави Маќдуниён Селевк буд. Писари онњо Антиохи I дар давраи зиндагии падараш Селевк шарики ќонунии салтанати Селевкиён гардида, њукмронии њудудњои Осиёи Миёна, аз љумла вилоятњои Бохтар, Суѓд, Марѓиён ва Портро ба уњда дошт. Набераи Спитамен - Антиох дар ќаламрави мулки аљдодї сиёсати муросою мадороро пеш бурда, "худро вориси Ориёшањр мењисобид". Чуноне ки мебинем, бо вуљуди нуфузи тамаддуни эллинї, истилогарони маќдунї дар сарзамини аљдодии ниёгони тољикон - Бохтару Суѓд ба рўњи бешикасти фарзандони озодипарасту ќавиирода ва зираку тадбирсоз дучор омада, бисёр дастовардњои тамаддуни ориёиро пазируфтанд. Ин гуна мисолњо дар раванди таърихи фољиабор ва пур аз шебу фарози миллати мо кам нестанд. Биёед, дур нарафта, даврони истилои араб ва тохтутози туркњоро пеши назар меорем. Магар хонадони Бармакиёни Балх набуданд, ки дахолати хулафои арабро дар низоми давлатдорї кўтоњ карда, тамоми умури идораи империяи пањноварро ба даст оварданд ва барои ободию пешрафти тамоми љабњањои њаёти иќтисодию мадании Хуросону Мовароуннањр тадбирњои оќилона меандешиданд? Магар њусни тадбири маликаи Бухоро Хутак-хотун ва писараш Туѓшода набуданд, ки бо зиракию хушнавозї ва ирсоли хирољу подошњои муносиб таљовузи лашкари хунрези арабро аз фатњи Бухоро ва харобсозии он муддати дањсолањо кўтоњ кард? Магар Вардонхудот набуд, ки нерўи

муттањидаи суѓдиёнро ба муќобили тавонотарин ва маккортарин лашкаркаши араб Ќутайба ибни Муслим бархезонда, ўро ба муњосира гирифт ва шикасти сахт дод? Магар пешвои хатлониён Шањбол ва Бадри Тархун набуданд, ки сарлашкари худписанди араб ва волии Хуросон Асад ибни Абдулло бо сипоњи афзуну љангдида дар тўли дањ сол се маротиба пай дар пай ба Хатлон лашкар кашида, аз љониби онњо шикасти шармандавор хўрд? Магар Абўмуслими Хуросонї набуд, ки бар зидди уммавиён исён бардошта, њамчун сиёсатмадор, лашкаркаш ва ташкилотчии моњир лашкари сершумори онњоро дар Нањованд шикаст дод ва ќаламрави Хуросону Мовароуннањрро тањти васояти худ оварда, бо њусни тадбиру зиракї, нахустин волии Хуросон аз миёни мардуми мањаллї шуд? Магар шўришу муборизањои пай дар пайи фарзандони бонангу номус ва барўманди миллати мо - Сумбоди Муѓ, Деваштич, Ѓурак, Муќаннаъ, Бобак, Темурмалик, Мањмуди Торобї, Шањбол ва дањњои дигар аз рўњи ќавию шикастнопазири мубориза, озодихоњї, мењанпарастї, салобату љавонмардї, њусни тадбиру зиракї ва ормонњои волои истиќлолхоњї шањодат намедињанд? Дар таърихи халќи мо љунбишњои бузурги сарбадорон маъруф аст, ки дар он дањњо њазор афроди ватандўст тањти шиори муќаддаси "зиндагии бошарафона ё сар ба дор" дар муддати дањсолањо пайкори озодихоњона ва фидокорона намудаанд. Њатто талошу пайкор ва ранљњои беш аз сисолаи Фирдавсї дар нигориши "Шоњнома" намунаи олии ватандўстї ва истиќлолхоњї буда, бо тасвири таърихи пурифтихори силсилаи подшоњони Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён шукўњу шањомати фарњанги ќадима ва оини давлатдории ниёгони моро фузуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва сафшиканони истилогарро бо тамаддуни чандинњазорсолаи гузаштагони мо ошно намуда, миллати моро аз хатари парокандагиву нобудшавї рањонид. Аз ин љињат, фарзандони огоњ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иљтимоишудаи Рустами Достон, Сўњроби Ял, Сиёвуши љавонмарг ва подшоњони ватанпарвару шуљоъ - Куруши Кабир, Дорои Бузург, Спитамен, Вахшуварт,

Канишкаи Бузург, Хусрави Анўшервон, Тоњир ибни Њусайн, Абдуллоњи Тоњир, Яъќуби Лайс ва бахусус, Исмоили Сомонї таљассумгари барљастаи рўњи тавоною бешикаст, омезиши љасорати оќилонаи ирсию иродаи босубот, талошњои хастагинопазири давлатсозию давлатдорї ва тањкими озодиву истиќлол буданд. Ба шарофати талоши бардавому пайгиронаи онњо оини давлатдории мо таърихан бунёди нерўманди маънавї ва асолати фарњангї касб карда, дар гањвораи ду тамаддуни бузурги олам - тамаддуни ориёї ва тамаддуни ислом ба камол расид ва ин тамаддунњоро тадриљан рушду нумўъ ва шуњрати љањонї бахшид. Дар идома ва пайравї ба ин навиштањо, месазад бигўем: чаро имрўз мо, тољикон ва тољикистониён барои чунин хизматњои нотакрор ва беназираш бо номи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалї Рањмон ифтихор накунем? Ва дар ин росто, агар онро бо корномањои ќањрамонони мо аз даврони бостон то имрўз муќоиса кунем, ба камтар аз онњо даст додааст, ки дар чунин давраи кўтоњи пурмољаро ва печидаи таърих ба ин андоза корњои бузургеро сомон дода бошанд: дар њассостарин лањзаи таќдирсози таърихи тољикон њаллу фасл намудани масоили буду набуди давлати тољикон, ба сулњу вањдат расондани халќ, дар даврони пуршўри љанги шањрвандии тањмилї рў ба фарњангу маориф овардан, ќадршиносии фарзандони арзандаи халќи тољик - алломањо Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Нусратулло Махсум бо унвони олии Ватан - Ќањрамони Тољикистон, талошњои пайгирона барои рушди њама соњањои њаёт... Махсусан користони Љаноби Олї Эмомалї Рањмон дар дањсолаи охир беназир аст: кушодани наќбњо ва роњњо, иншооти бузурги энергетики Сангтўда - 1 ва Сангтўда - 2, таљдиди кори бунёди НБО "Роѓун", садњо нерўгоњњои барќи обии хурд, корхонањои зиёд аз орзуву ормони деринаи халќи мо буд ва танњо ба Сарвари имрўзаи давлати мо, муњтарам Эмомалї Рањмон муяссар шуд, ки ин ормонњои миллатро њамроњи њукумати ташкилкардааш ва кулли халќњои Тољикистон, ки њама ўро дўст медоранду ў барояшон љоннисорї мекунад, амалї гардонанд. Имрўз мардуми озодаманиши тољик бо ифтихор ва сари баланд фарзанди фарзонаи миллат, пиёдасози ормонњои њазорсолаи миллат, Ќањрамони Тољикистон Эмомалї Рањмонро бори дигар Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб намуд. Ва сокинони кишвар боварї доранд, ки дар ин бахши људокардаи таърих роњи минбаъдаи Президенти ормонии миллат њамроњи халќи худ дурахшон буда, бо наќшањои дурандешонаи Љаноби Олї рўзгори кулли мардум бењтар хоњад шуд ва мардуми некхоњи љањон аз Тољикону Тољикистон беш аз пеш ифтихор хоњанд кард!

Љумъа ЌУДДУС


4

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

ИНТИХОБОТ - 2013

ПИРЎЗИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН

- ПИРЎЗИИ МИЛЛАТ Бори дигар ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шудани Эмомалї Рањмон, худ як эњтирому самимияти баланди миллати куњанбунёди тољикон нисбати ин шахсияти бузург аст. Мањз тањти роњбарии Сарвари давлат тўли 22-сол дар кишвари тољикон дигаргунињои куллї ба вуљуд омаданд, ки дар таърихи Тољикистон назир надоранд.

И

МРЎЗ њамаи шањрвандони чи дохилї ва чи бурун марзии љумњурї шоњиди ин шоњкорињои бузурги Эмомалї Рањмон њастанд. Ва њар касе, ки виљдону имони комил дорад, набояд нодида сухан гўяд ва ё инкор кунад. Чуноне ки дар урфият мегўянд: "Офтобро бо доман пўшонида намешавад". Ба ёд меорем солњои навадуми ќарни гузаштаро, ки Ватани мо- тољиконро дањшати љанги миллаткуш ба мотамсаро ва ѓамхона табдил дода буд. Дар он лањзањои барои миллат хатарноку вазнин ва њассос, касеро љасорату матонат набуд, ки сарварии ин кишварро ба дўши худ бигирад. Вале бо марњамати худованд аз ѓояти далерию шуљоату мардонагї ва хиради миллию кордонии як нафар фарзанди фарзонаи миллат дар симои Эмомалї Рањмон, тавонист миллатро аз паси хеш ба сўи ќуллањои мурод бирасонад. Бояд тазаккур дод, ки дар он рўзњои барои халќу миллати тољик мудњиш, касе интизор набуд, ки оташи љанги шањрвандї дар кишвари мо ба зудї хомўш мегардад. Гурўњњое буданд, ки оромии љомеаро намехостанд ва сарнавишту ќисмати мардуми Тољикистонро шабењи мардуми Љумњурии Исломии Афѓонистон мепиндоштанд. Вале бо амри худованд ва љањду талошњои зиёди Сарвари давлат ба ин љанги хунину берањмона хотима гузошта шуд ва марњалаи нави созандагию бунёдкорї дар кишвар оѓоз ёфт. Он суханони таърихие, ки дар Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар ќасри Арбоб аз забони эшон садо дод: "Ман то охирин фирориро ба Ватан барнагардонам, худро осуда њис намекунам". Ў ба гуфтаи хеш вафо кард ва њамаи фирориёни иљбориро ба Ватани аљдодї баргардонд. Дар натиљаи чунин азму тало-

Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон, њар ваќте ки ба минтаќањои ќаламрави љумњурї сафари корї анљом медињанд, њамеша оромгоњњои мутафаккирони гузаштаи тољикро зиёрат мекунанд. Баъдан бо шароит ва зиндагии мардум шинос гардида, мушкилоти мављудбударо њаллу фасл намуда, барои дар оянда, бањри ободиву созандагї, ба масъулин дастуру супоришњои мушаххас медињанд. Сафари кории Сарвари мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки охири моњи сентябри соли равон вусъат гирифт, тасдиќи гуфтањои боло мебошад.

шњои зиёд дар фазои нилгуни Тољ��кистони азизи мо сулњу озодии комил танинандоз шуд. Ва ў ба суханони хеш, ки аз минбари Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї дар шањри бостонии Хуљанд њамчун Раиси тозаинтихоб гуфта буд: "Ё ман дар Тољикистон сулњро барќарор мекунам ва ё дар ин роњ љони худро медињам", содиќ монд. Он рўз ба ин ќавлу гуфтањо, таќрибан касеро бовар намеомад. Њатто, мансабдороне, ки тўли он солњо дар сари ќудрат буданд! Нооромї то њадде расида буд, ки ба гуфтаи Хоља Њофизи Шерозї «њељ рањме на бародар ба бародар дошту њељ шафќат на падар ба писар». Аммо Эмомалї Рањмон ба нияти неки худ содиќ монд. Ба гуфтаи Шайх Саъдии Шерозї "Амали подшањон чун сафари дарёст, хатарнок ва судманд, ё ганљ баргирї ва ё хоњ, дар тилисм бимирї". Албатта, он ганље, ки Сарвари давлати тољикон бигрифт, ин тољиконро аз нестї ба њастї овард. Миллатро аз хатари парокандагї ва низоъ боздошт. Тавонист дар як муддати кўтоњи таърихї, на ин ки пеши роњи љанги шањрвандиро, балки давлатро аз вартаи фалаљшавї наљот дињад ва аз буњрони шадиди иќтисодї рањо бахшад. Шукрона мекунем, ки имрўз бо шарофати љонбозињои Роњбари давлат, Тољикистони мо ба як кишвари ободу зебо, мардумонаш тинљу осуда, дастурхонашон пур аз нозу неъмат мубаддал гардид. Он тараќќиёте, ки имрўз дар тамоми манотиќи кишвар рафта истодааст, на танњо мавриди таваљљуњи худи тољикон, балки љањониён гардидааст. Таљлили љашну санањои таърихии мутафаккирон ва шахсиятњои бузурги диниву фарњангии халќамон, аз љумлаи Абўабдуллоњи Рўдакї, Мир Сайид Алии Њамадонї, Љалолуддини Балхї, Њаким Умари Хайёми Нишопурї, Хоља Камоли

Хуљандї ва дигарон аз љумлаи иќдомоти зикршуда мебошанд. Албатта, шахсе, ки ба гузаштаи худ бо эњтирому самимияти афзун менигарад, рўњи ин алломањои бузург њамеша мададгори ўянд. Ба ин маънї Низомии Ганљавї фармуда: Дило то бузургї наорї ба даст, Ба љойи бузургон нашояд нишаст. Бояд гуфт, ки Сарвари давлат доир ба арзишњои динию фарњангї, њамеша мавќеъгирї ва њимояти дини мубини исломро мекунад. Ва аз минбарњои баланди созмонњои бонуфузи байналмилалї бо љиддият ва эътироз сухан гуфта, таъкид намуд, ки исломро ба терроризм ва экстремизм шабоњат надињед. Боиси ифтихори мост, ки бо маќсади гиромидошти наќши махсуси мазњаби Њанафї, соли 2009 дар кишвари мо 1310 солагии пешвои мазњабамон Имоми Аъзам (Абўњанифа Нўъмон ибни Собит) бо як шукўњи хос таљлил гардид. Дар ин тантанаи бузург подшоњи шоњигарии Арабистони Саудї чунин суханњои некро нисбати Сарвари тољикон бо як самимияти афзун гуфта буд: "Арзанда аст барои Эмомалї Рањмон сари таъзим фуруд орем. Зеро ин амали некро мо бояд ба љо меовардем, вале Президенти Љумњурии Тољикистон ин иќдомро амалї кард". Барои миллату давлати мо њамин бањои арзишманд кофист. Дар робита бо ин, мехоњам, хотирнишон созам, ки Сарвари давлати тољикон муњтарам Эмомалї Рањмон барои сањми бебањо доштанаш дар пуштибонї аз дини мубини ислом дар радифи 500-мусулмони бонуфузи олам якдилона пазируфта шуд. Љоиз ба зикр аст, ки тўли дањ соли охир љињати рањо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионї,

ки яке аз њадафњои асосии Сарвари давлат мебошад, чї ќадар корњои созандагию бунёдкорї ба сомон расонида шуд. Дар натиљаи зањмату талошњои Президенти кунунии кишвар 31-километр наќб, 2000-километр роњњои мошинагард, 200пул, 270- нерўгоњњои барќии хурду миёна ва шабакаи ягонаи энергетикї дар як муддати кўтоњи таърихї сохта ба истифода дода шуд. Њамаи ин аз музаффариятњои бузурги даврони истиќлолият, ноил гаштан ба Вањдати миллї дарак медињад. Мањз Вањдати миллї ва сулњу амонї, тинљию оромї дар кишвар ба мо имконият дод, ки тањти сарварии Эмомалї Рањмон ба пешравињои назаррас ноил шавем. Яке аз анъаноти неки гузаштагони мо ин дастгирии афтодагону муњтољон ва ниёзмандон аст. Чунин ѓамхорї зоњир намудан аз тарафи Сарвари давлат ба ятимону барљомондагон, ин нишонаи хайрхоњиву хайрандешї нисбати ин ќишри љомеа мебошад. Солњои охир дар арафаи иду айёмњои миллї тањти сарпарастии Президенти кишвар ба ятимону

маљрўњон ва ниёзмандон ба таври доимї кўмак расонида мешавад. Ба таъбири Амир Хусрави Дењлавї: Касе бар сари халќ зебад амир, Ки афтодагонро бувад дастгир. Чунин дастгирию парастории афтодагону ниёзмандон бори дигар аз саховатмандию саховатпешагии муњтарам Эмомалї Рањмон дарак медињанд. Мавриди зикр аст, ки мардуми Тољикистон бори дигар аз њуќуќњои сиёсии худ пурра истифода бурда, дар фазои озоду демократї, шафоф ва њушёрона аз байни шаш номзаде, ки ба мансаби Президентї номнавис шуда буданд, ба љонибдории номзад аз ЊХДТ Эмомалї Рањмон (83,6 фоиз) раъйи худро доданд. Бори дигар ба зањмату фидокорї ва љонбозињои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо њурмату эњтироми самимї арљ гузоштанд

М. ШАРИФОВ, ноњияи Зафаробод

ЊИДОЯТЊОИ САРВАРИ КИШВАР КУШОИШИ КОР АСТ Бояд тазаккур дод, ки Љаноби Президент њангоми сафари корї ба ноњияи Ховалинг оромгоњи њазрати Султон Увайси Ќараниро зиёрат намуданд. Бо ќироати оятњо аз Ќуръони Маљид, барои пойдории оромї, сулњу субот дар ќаламрави љумњурї дуою фотиња карданд. Дар љараёни суњбат бо намояндагони ин мавзеи воќеан њам, зебою дилрабо дастур доданд, ки дар ин љо як мењмонхонаи бисёрошёна ва љавобгў бо талаботњои замонавї бунёд намоянд. Бо дастгирии Сарвари давлат беш аз 36 ёдгорињои нодир, аз ќабили маќбара, ќалъа, манора, масљиду мадрасањо дар шањру ноњияњо ва вилоятњои љумњурї аз нав тармиму барќарор карда шуданд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки тайи солњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон тањти унвони "Ситоишгари адлу ростї ва нури хирад" симпозиуми байналмилалї, бахшида ба њазораи "Шоњнома"-и Абулќосим Фирдавсї, љашни 680-умин солгарди зодрўзи олим, мутафаккири

бузурги Шарќ Мир Сайид Алии Њамадонї, 675-умин солгарди Хоља Камол, 90-умин солгарди зодрўзи академик Бобољон Ѓафуров, 100-солагии мавлуди зодрўзи устод Мирзо Турсунзода, 1000- солагии мутафаккири бузурги Шарќ Њаким Носири Хусрави Ќубодиёнї, рўњияи ифтихор ва эњтироми љомеаро ба таъриху фарњанги ниёгон афзун гардонид. Эњтироми Сарвари давлат нисбат ба олимону мутафаккирони гузаштаи миллати тољик, обрў ва эътибори давлатдории тољиконро дар арсаи баналмилалї хеле баланд бардошт. Љањониён бо илму фарњанги ќадима ва бойи тољикон бештар шинос гардиданд. Ба ифтихори 1310-солагии Имом Абўњанифа ибни Собит (Имоми Аъзам) -асосгузори яке аз мазњаби бонуфузи дини ислом, Симпозиуми байналмилалии "Мероси Абўњанифа ва ањамияти он дар муколамаи тамаддунњо" дар шањри Душанбе баргузор гардид, ки беш аз 500 нафар олимону мутафаккирон аз 50 кишвари љањон

иштирок ва суханронї намуданд. Њамзамон, хотиррасон бояд намуд, ки соли 2015 ба зодрўзи шоирмутафаккири ватандўсту ќавиирода, ѓазалсарои машњури замони худ, ки охири асри 19 ва аввали асри 20-ум зиндагї ва фаъолият намудааст, Наќибхон Туѓрали Ањрорї, 150- сол пур мешавад. Њаводорони ашъори Туѓрали ширинсухан умед ва боварии комил доранд, ки таљлили љашни 150 -солагии зодрўзи шоири далеру ватандўст, дар миќёси љумњурї, дар зодгоњи шоир -дењаи зебоманзари Зосун бо сањмгузории Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Айнї ва мардуми саховатпешаи водии Зарафшон ва ањли фарњангдўсти љумњурї, таљлил карда мешавад. Умед дорем, ки бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, махсусан бо ташаббус, њимматбаландї ва ѓамхориву ќадршиносии фарзанди фарзонаи миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ин љашни муборак бо як шукўњу шањомати хотирмон таљлил мегардад.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки «ѓазалњои оламшумули Њазрати Туѓрал, барои тамоми насли имрўз бояд намунаи ибрат бошанд». Албатта, аз ин иќдомоти нек рўњи бузургони гузаштаи миллати тољик шод гардида, омўзиши таърихи ниёгон барои наслњои оянда дари илму дониш ва маърифатро мекушояд. Обод кардани оромгоњу маќбарањои олимон-мутафаккирони бузурги гузаштаи тољик, аз нав зиндаву љовид намудани ному афкори бузургони миллат, ин аз њар љињат, ба љањониён муаррифї намудани маданияту фарњанг ва таърихи куњанбунёди миллати тољик мебошад. Аз ин рў, агар њар як фарди бонангу номуси миллат, дар ободонї ва созандагии Ватани азиз сањми худро гузорад, Тољикистони мо боз њам ободу зеботар мегардад.

Зебо РАЊМАТОВА, унвонљўиАкадемияи илмњои ЉТ


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

Дар шароити кунунї ба тарбияи ифтихори давлатдорї, ватандўстї ва худогоњии миллии љавонон бояд њамагон шуѓл варзанд. Тарбия дар мисоли кору пайкори Роњбари давлат њамчун як ватандор ва фарзанди фарњехтаи миллат бояд барои њар яки мо кору пайкори њаррўза гардад.

А

З њама дастоварди муњим, ки ба шарофати истиќлолият ба дас т омадааст, он аст, ки мо - тољикон соњиби шиносномаи миллат шудем ва олам аз мављудияти давлате бо номи Тољикистон огањї ёфт. Созмони Милали Муттањид љумњурии тозатаъсиси моро ба узвияти худ пазируфт. Истиќлолият риштањои кандашудаи наслњои гузаштаву имрўзаамонро пайваст карда, њисси миллї, худогоњї ва хештаншиносии њамватанонро бедор намуд. Мањз ба шарофати истиќлолият мо соњиби забони давлатї ва фарњанги миллї шуда, чун миллат аз нав эњё гардидем. Мо ба истиќлолияти иќтисодї, фарњ ангї, иљтимої ва марзу бумї соњиб шудем. Истиќлолият барои ташаккули забони давлатї заминаи мусоид фароњам овард. Забони давлатї дар шароити феълї на танњо дар умури ко��гузорї, балки дар равобити байналмилалї низ васеъ корбаст мешавад. Истиќлолият рамзи саодат, соњибдавлатї ва ватандории миллати тољик аст. Мањз бо файзи истиќлолият мо ба давлатдории миллї ва эъмори љомеаи демократї расидем. Бо шарофати он соњиби арзишњои муќаддас: Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ шудем. Ба хотири татбиќи њадафњои муњим ва таќдирсози љомеа, ки Президенти кишварамон пеш гирифтааст, њамагон бояд масъулиятшиносу фидокор бошем, бо дасти поку дили гарм мењнат кунем. Имрўз яке аз масъалањои мубрами рўз ин њифзи музаффариятњои Истиќлолияти давлатї, ба љавонон фањмонидани равандњои харобиовари замони муосир ва амиќ дарк намудани онњо мебошад. Барои пешгирии ин равандњо дар мамлакат, махсусан дар байни љавонон, њадафњои асосї ноил шудан ба сатњи баланди худшиносї ва матрањ сохтани масоили иљтимоист. Агар инсон то ба сатњи баланд рушд накунад, ба зинаи худшиносї нахоњад расид, зеро танњо шахси ба дараљаи муайяни камолоти инсонї расида, худшинос мегардад. Бинобар ин, расонидани љавонон ба сатњи баланди худшиносї ва ахлоќї ба њалли мушкилоти буњрони маънавї мусоидат мекунад. Насли љавонро њушдор додан

5

РЎЗГОР ПАНДАТ ДИЊАД

ИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРЇ

ВА ХУДОГОЊИИ МИЛЛЇ лозим аст, ки нерўњое инсонњоро ба љангу терроризм ва радикализми динї сафарбар менамояд. Нияти онњо инсонњоро аз моњияти аслиашон бегона сохтан буда, муќобили њисси худшиносии миллии наслњоянд. Њол он ки дар шароити феълї, масъалаи тањкими истиќлолияти давлатї тавассути вањдат ва ташаккули худшиносии миллї дар заминаи анъанањои миллї ва динї барои мардуми мо чун обу њаво зарур аст. Илова бар ин, барои насли љавон донистани таърих, фарњанги миллї барои худогоњї хеле муњим аст. Махсусан, бохабар будан аз таърихи миллати худ, донистани сабабњои бо фољиа мувољењ шудани миллати тољик омили ба ќадри истиќлолият расидани љавонон мегардад. Љавонон бояд огоњ бошанд, ки халќи тољик соњиби таърихи ќадимаи давлатдорї ва фарњанги љањоншумул буд. Ташаккули халќи тољик аз асри якуми мелодї оѓоз ёфта, мањз дар замони салтанати Сомониён давлати миллии тољикон таљаллї намудааст. Вуруди равияи шуубия, пас аз як асри истилои араб, мубориза барои истиќлолият ва худогоњии миллии аљдодони моро тезонид, ки мардумро зери ливои Абўмуслими Хуросонї муттањид мекард. Ин буд, ки тадриљан сулолањои њукуматгари мањаллии Бармакиён, Навбахтиён, Тоњириён, Саффориён, Бувайњиён, Fўриён дар њудуди давлати собиќи Сомониён арзи вуљуд намуда, анъанањои давлатдории худро идома доданд. Дар замони њукуматдории сулолањои Fазнавиёну Салљуќиён ва Хоразмшоњиён дар дарбори онњо сохти давлатдории тољикї роњандозї гардид, зеро ин ќабилањо ба рањнамої ва таљрибаи бойи давлатдории тољикон эњтиёљ доштанд. Бо вуљуди кушторњои берањмонаи саркардањои муѓул, љабру зулми Темурланг, миллати тољик тавонист рўњан ва љисман аз нав эњё шавад. Мањз худшиносии миллї ва фарњанги бойи зењнї халќи тољикро аз фаношавї эмин дошт. Бинобар ин, ќатъи назар аз љорзанињои бебунёди бадбинону нодида гирифтанњои мункирони таърихи пуршарафи тољикон, вазифаи љонии мост, ки насли имрўзу фардоро дар рўњи худшиносии миллї ва ифтихори давлатдорї тарбия кунем ва кўшишњои Президент Эмомалї Рањмонро дар ин љода дастгирї намоем. Зеро мавсуф дар њар баромад ва мулоќоту дидораш бо љавонон, онњоро даъват менамояд, ки худшинос бошанд, Ватани худро дўст доранд, аз ин сарзамину диёр ифтихор намоянд. Шуури худшиносии миллї ва эњсоси давлатдорї дар мардуми мо дар даврони шўравї ва баъди

соњиби давлати њамноми миллии худ шудани тољикон ба вуљуд омад, зеро мардуми мо баъди мањрумият аз давлатдорї муддати мадиде давлати ба ќавле "бедавлатї" бунёд намуданд. Дар њайати Иттињоди Шўравї бо вуљуди истиќлолияти комил надоштан, худшиносии мардум боло гирифт, дар заминаи њудуди ягона, вањдати забонию рўњї эњё гардид. Њисси миллї ва ифтихори миллї бештар дар мубориза бо пантуркизм ва роњандозии идеологияи байналмилалї ташаккул ёфт. Як љињати нохуби замони шўравї дар он зоњир мегардид, ки мардуми Тољикистон бо сабаби набудани шоњроњњои тахту њамвор дар шароити аз якдигар дур ва ба њамдигар бегона мезистанд. Дар замони истиќлолият бо ташаббуси Президенти кишвар барои аз бунбасти коммуникатсионии дохилї баровардани кишвар ва вусъати алоќањои тиљоратию иќтисодї дар байни шањрњою ноњияњо барои тањкими вањдати миллї заминаи мусоид фароњам оварда шуд. Насли нав бояд огоњ бошанд, ки дар партави сиёсати мустаќилонаи давлати миллї, мазмуни тоза касб кардани худшиносии миллї дастоварди бузурги фарњанги сиёсии замони навин аст. Дар таркиби халќи тољик муттањид шудани халќњои дигари маскуни кишвар ва эњёи афкори шањрвандии умумї, ки тољикистонї будан, ифодагари ин падида аст, пойдевори Истиќлолияти давлатии Тољикистонро тањким бахшид. Ба касе пўшида нест, ки миёни ифтихори миллї ва миллатчигї як ќадам роњ аст. Шуури мил-

латдўстї њамон ваќт боиси пешрафти љомеа мегардад, ки миллатњои бузург њуќуќу озодињои миллатњои хурдро эътироф ва эњтиром намоянд, аз дониш, таљриба ва анъанањои миллатњои кўчак истифода баранд. Миллати тољик њељ гоњ даъвои мероси маънавї ва моддии халќњои дигарро накардааст. Баръакс, ба халќњое, ки ба мардуми тољик кўмак кардаанд, изњори сипос менамояд. Ба касе пўшида нест, ки хизмати олимони рус дар пешрафти илми тољик ва эњёи мактабњои илмї бесобиќа аст. Мањз онњо буданд, ки таърихи ќадима доштани халќи тољикро воќеан иќрор шуданд ва бо дили софу беѓаразона ба ањли илми олам онро эълом доштанд. Вале дар мамнўъ эълом намудани фарњанги гузашта, таъќибу куштору бадарѓаи бењтарин донишмандони тољик "сањми" сардамдорони шўравї кам нест. Ба касе пўшида нест, ки ноил шудан ба сатњи баланди худогоњии миллї бе омўзиши амиќи илму дониш номумкин аст. Ин аст, ки имрўз бо шарофати омўзиш ва мушоњидаву муроќиба њамагон, хоњ намояндагони њизбњои сиёсї бошанд ва хоњ зиёиёни миллї ба хулосаи хеле дуруст ва олї омадаанд, ки худшиносї ва вањдати миллї боиси пешрафти давлат ва тањкими истиќлолият мегардад. Ин хулосаи хеле олї ва солим тадриљан дар раванди кору пайкор ва муколамаи тўлонї барои сулњ рўйи кор омад. Дар ин љода сањми Президенти мамлакат, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон хеле бориз

ЊИМОЯИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР - МОЯИ ИФТИХОР Бо ташаббуси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Роѓун, чанд рўз ќабл, бо афсарону сарбозони Гвардияи миллии ќисми њарбии раќами 051058 вохўрии раиси КИ ЊХДТ дар шањри Роѓун А. Садриддинов, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи Дастгоњи раиси шањри Роѓун А. Љойлобов, мудири шўъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ибтидоии ЊХДТ дар

ЉСНК "Роѓун-ГЭС-строй" П. Абдурањимов доир гардид. Маљлисро бо сухани ифтитоњї ќумандони Гвардияи миллї, полковник С. Абдуллоев њусни ифтитоњ бахшида, маќсади вохўриро ба афсарону сарбозони ќисми њарбї фањмонида, аз љумла, зикр намуд, ки ин маркази низомї мудом корњои фањмондадињї бурда шуда, њадаф ва ѓояњои ЊХДТ ба кулли низомиён фањмонида мешавад.

Баъдан А. Садриддинов дар баромади худ зикр намуд, ки саъю талоши кулли мо аъзои њизб барои дар љойњо амалї намудани сиёсати ватандўстонаю халќпарваронаи Раиси ЊХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон равона карда шудааст. Сипас, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи Дастгоњи Раиси шањри Роѓун А. Љойлобов,ќумондони Гвардияи миллї С. Абдуллоев, муови-

аст. Мавсуф аз рўзњои аввали ба сари ќудрат омаданаш, ањли љомеа ва махсусан зиёиёни кишварро барои боло бурдани сатњи худшиносии миллї ва њисси ватанпарастї љалб намуданд. Махсусан, аз љавонон даъват ба амал оварданд, ки идеологияи ватанпарастї, идеологияи асосї ва мавриди парастиши онњо ќарор гирад. Охир, мо њамон ваќт ба истиќлолияти воќеї мерасем, ки насли љавон бо тафохури бепоён онро њамчун воќеаи бузурги таърихї эътироф кунад, асоси хушбахтии худ ва ояндагон донад ва пайваста барои њифзи он дар њолати омодабош ќарор дошта бошанд. Дар иртибот ба ин, имрўз номи меъмори вањдат, муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи Истиќлолияти давлатї, ифтихори миллї, ватандорї, вањдат ва тафохури бепоёни давлатдории миллї гардидааст ва исми мубораки мавсуф бо Истиќлолияти давлатї, ифтихори миллї ва давлатдорию ватанпарастї ба њадду андозае омехта гардидааст, ки яке дигареро комилан пурра мекунанд ва Илоњо, абадан чунин бошад. Охир, истиќлолияти комилро мањз эшон таъмин намуданд. Пас, тарбияи ифтихори давлатдорї, ватандўстї ва худогоњии миллии насли љавон дар мисоли кору пайкори шоиставу ибратомўзи муњтарам Эмомалї Рањмон барои њамагон шарт ва зарур аст.

Мањмад ШОДИЕВ, ректори Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав

ни ќумондони Гвардияи Миллї А. Замонов ва С. Њамсариев ба сухан баромада, барои ташкил намудани чунин вохўрии судманд дар байни афсарону сарбозони ќисми њарбї изњори ќаноатмандї намуданд. Дар хотима раиси КИ ЊХДТ дар шањри Роѓун А. Садриддинов бори дигар ба њамаи афсарону аскарони Гвардияи миллї бањри њимояи марзу буми кишвари азизамон шуљоатмандию далериро таманно намуд.

«МХ»


6

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

МУШКИЛОТ

МОНЕАЊОИ СУНЪЇ ДАР РОЊИ

БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОЊ Санаи 12 ноябри соли равон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон ва Утоќи бозаргонии Љумњурии Исломии Эрон дар кохи Борбади пойтахт Намоишгоњи мањсулоти саноатии ин кишвари њамзабону њамфарњанг ифтитоњ ёфт. Ба ќавли масъулин маротибаи 15-умин аст, ки чунин намоишгоњ дар шањри Душанбе баргузор мегардад.

М

УОВИНИ раиси Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон Асаналї Карамалиев ва коргузори Сафорати ЉИЭ дар Тољикистон оѓои Њодї Алипур дар ваќти ифтитоњи Намоишгоњ зикр карданд, ки чорабинї бо маќсади љалби сармояи хориљї, технологияњои пешрафта, дарёфти шарикони нав, таъсиси истењсолоти муштарак ва љойњои нави корї бо истифода аз ашёи хоми мањаллї ва захирањои корї роњандозї мешавад. Дар намоишгоњи мазкур 35 ширкати пешрафтаи эронї намунањои бењтарини мањсулоти саноатї, технологияњои муњандисию фаннї ва сохтмонї, таљњизот ва дорувории тиббї, воситањои поксозии обу фазо, технологияњои компютерї, матоъ, зарф, ороишоти заргарї, ќолин ва намунаи истењсоли мањсулоти мардумиро ба намоиш ва фурўш гузоштаанд. Зимни суњбат масъулини намоишгоњ гуфтанд, ки дар роњи интиќоли мањсулот дар ќаламрави Љумњурии Ўзбекистон ба мушкилот рў ба рў шудаанд. Кормандони гумруки ин кишвар њангоми азназаргузаронии

М

УРОЉИАТИ ўро Вазорати мелиоратсия, Кумитаи њизби коммунисти ваќти ноњия ќонеъ карда, ба њаљми зиёда аз сад њазор рубли даврони шўравї маблаѓ људо карданд. Барои кашидани ќубурњо ва обёрии дења, масолењу таљњизоти оњанини обљоришаванда маблаѓњои алоњида сарф карда шуд. Бо тариќи њашар аз масофаи 3 километр аз оби чашмањои мавзеи Сардара ба дења оби ошомиданї оварданд. Дар њар се хољагї як нуќтаи оби ошомиданї гузарониданд. Сокинони дења аз ин амали хайрхоњона арзи сипос намуданд. Б аъдан нафарони дигари дења дар мавзеи Туркмандара, бе ягон њуљљати расмї, дар майдони аз 3 то 5 њектор боѓ бунёд карда, ќубурњои оби ошомидании дењаро сўрох карданд, Шоњ Шарифов , Њамид Шоев, Малик Абдулов ва дигарон заминњои корами обии хољагии ба номи А. Назировро, ки солњои ќаблї картошка кишт карда, њосили фаровон мерўёниданд, аз худ карда, боѓ бунёд карданд, ки ба оби ошомидании дења монеа эљод карданд. Яъне ќубурњои обгузарро кафондаю сўрох карда, соли дањум аст, ки аз оби ошомиданї заминњояшонро обшор мекунанд. Обњои онњо якљоя шуда,

ашё ва борњо, миќдоре аз онњоро бо бањонаи гўё зиёд будани шумораашон мусодира кардаанд. Муњаммад Умронї, як корманди масъули баргузории Намоишгоњи мањсулоти саноатии Эрон дар Душанбе гуфт, ки ин душворињо ва монеъањои сунъї сабаб шуданд, ки чанде аз ширкатњои эронї аз иштирок дар ин чорабинии хеле муњим даст кашанд. Ба ќавли ў њарчанд њуљљатњои зарурї барои интиќоли мањсулот дуруст буданд ва афроди масъул дар гумруки Ўзбекистон њаќќи боз кардани бастањои борро надоштанд, вале ин муќаррарот комилан риоя нашуд. Муњаммад Умронї афзуд, ки бунёди роњи оњан аз ќаламрави кишвари Эрон тавассути Афѓонистон ба Тољикистон метавонад ин монеъањоро пурра бартараф созад. Њушанги Тољик, масъули ширкати "Пластикаи Тољик", ки маротибаи сеюм аст, дар чунин намоишгоњ дар кишвари мо ширкат мекунад, мегўяд, ки дар љараёни интиќоли бор ба Љумњурии Тољикистон, тавассути ќаламрави Ўзбекистон бо сабаби эљоди монеъањои сунъї аз љониби

маќомоти ўзбек зиёда аз 7 њазор доллар зарар дидааст. Оќои Тољик низ таъкид кард, ки ба боз шудани роњњои иртиботї, аз љумла роњи оњан миёни кишварњои Эрон ва Тољикистон умедвор аст. Он ваќт ширкатњои эронї метавонанд мањсулоти зиёдеро бо камоли хушнудї вориди Тољикистон кунанд. Дар доираи ин чорабинї дар назар аст, ки дурнамои њамкорињои минбаъдаи дуљониба зимни вохўрии соњибкорони Тољикистону Эрон њамаљониба баррасї шавад. Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон њаљми муомилоти мол миёни Тољикистону Эрон, алъон беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Дар муддати 9 моњи соли љорї њаљми муомилоти мол миёни ин кишварњо ба 229 миллион доллари амрикої баробар шудааст, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта 33 дар сад зиёдтар аст. Намоишгоњи мањсулоти саноатии Љумњурии Исломии Эрон дар Љумњурии Тољикистон то рўзи 16 ноябр идома хоњад дошт.

Алиљон ЉЎРАЕВ

МАРЊИЛАИ ДУЮМИ ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДЇ Љумњурии Тољикистон, чун бисёр давлатњои собиќ Иттињоди Шуравї, баъди ба даст овардани истиќлолият ба як ќатор мушкилотњи иљтимоию иќтисодї дучор гардид, ки аз њама хатарнокаш барои мамлакат ва њам минтаќа, гардиши ѓайриќонунии маводи нашъаовар мањсуб меёбад.

М

УСАЛЛАМ аст, ки интиќоли маводи нашъаовар тавассути њар мамлакате, ки набошад, ба болоравии сатњи нашъамандї дар ќаламрави он оварда мерасонад. Мутаассифона, Љумњурии Тољикистон низ аз ин њолати ташвишангез истисно набуд. Тибќи омори расмии Вазорати тандурустии кишвар, дар 6 моњи соли равон дар муассисањои таъиноти наркологї дошта, 7470 нафар гирифторони бемории нашъамандї сабти ном гардидаанд. Бояд зикр кард, ки аз ин теъдоди умумї, зиёда аз 2293 нафарашро љавонони то синни 34сола ва зиёда аз 5089 нафари дигарро бошад, аз афроди 35-сола боло ташкил медињанд. Аз миќдори умумии беморон аксари онњо маводи сахттаъсири героин истеъмол мекунанд. Вале ин њама раќамњо низ бо сабаби пўшида нигоњ доштани асрори худ аз љониби нашъамандон, комилан њаќиќати њолро инъикос намекунанд. Бахусус, зиёдшавии шумораи беморон, ки маводи нашъаоварро ба таври тазриќї истифода мебаранд, боиси изтироб аст, зеро он хатари пањншавии бемории СПИД-ро аллакай ба миён овардааст. Њатто, тибќи омори расмї то 1 октябри соли 2013, 4998 нафарро ташкил мекунад, ки аз инњо зиёда аз 2842 нафар 55,3 фоиз бо вируси ВИЧ сироятшудагонро нашъамандони тазриќї ташкил медињанд. Имрўз на танњо Тољикистон, балки ягон давлати дигари дунё дар танњої ба њалли мушкилоти маводи нашъаовар ќодир нест. Аз ин рў, њамкории байналхалќї дар бахши назорати маводи нашъаовар яке аз

ИНТИЗОРЇ ТО БА КАЙ? Дар љамоати дењоти Мискинободи ноњияи Файзобод, дењаи Фатњобод нисбатан серањолї буда, зиёда аз 360 хољагиро дар бар мегирад. Ёдам меояд, ки соли 1970-уми ќарни бистум буд ва сокинони дења аз оби ошомиданї хеле танќисї мекашиданд. Мушкилоти онњоро марди саховатпеша, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї шодравон Пўлод Абдурањмонов осон кард. Номбурда ба Вазорати мелиоратсия ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон дар бораи аз оби ошомиданї танќисї кашидани ањолии дења мурољиат кард. лойќаро ба вуљуд меоранд. Сокинони дења аз ноилољї аз оби лойќа истифода бурда, ба беморињои сироятї гирифтор мешаванд. Гарчанде ки бо пешнињоди Роњбари давлати тољикон Созмони Милали Муттањид солњои 2005-2015-ро " Дањ солаи амалиёти об барои њаёт" эълон кара бошад њам, аммо Кумитаи њифзи муњити зисти ноњия, духтурони санитарию эпидемиологї, раиси љамоати дењоти Мискинобод "Дањсолаи амалиёти об барои њаёт"-ро сарфи назар мекунанд. Онњо заррае андеша намекунанд, ки сабабгори беморињои сироятї, асосан аз обњои ифлоси ошомиданї сарчашма мегирад. Дар давоми 43- сол ќубурњои оби ошомиданї занг зада, даруни

онро ифлосињои зиёд пур кардаанд ва ањолї аз ноилољї аз ин оби ифлосу зангзада истифода мебаранд. То солњои 90-уми ќарни гузашта, сокинони дења бо пуррагї ба оби ошомиданї таъмин буданд. Баъди солњои 90-ум зиёда аз нисфи ањолї аз оби ошомиданї мањрум шуданд. Ду-се нафар сокинони дења худсарона аз сарбанди оби ошомидании дења барои худашон об кашонданд, ки ин аз рўи инсоф ва мувофиќи маќсад нест. Ин ашхос аз садњо сардорони хољагињои дењот худро болотару авлотар медонанд. Имрўзњо воќеан њам, бисёрињо аз оби ошомиданї комилан танќис ї мекашанд. Му тас ад диёни бахши оби љамоати дењот бо-

шанд, ин њолатро нодида гирифта, аз ањолї барои истифодабарии оби ошомиданї маблаѓ талаб мекунанд. Тавре с окинони дења Адолат Сафарова, Ѓулом Холов, З.Шарифов мегўянд, солњои тўлонист, ки аз оби ошомиданї мањруманд. Мутасаддиёни бахши оби љамоат бошад, аз мо маблаѓ талаб мекунанд. Солњои тў лонис т, ки обро надидему аз мо маблаѓи исти фода и об ро тал аб д оран д. Моњи июни соли 2013 барои фањмида ни му а ммои и н му шк илот рафтам. "Каллаљунбонњо"-и муассиса нест, ќабул намекунанд, баромада равед, - гуфтанд ба ман. Маротибаи дигар нохост љавондухтаре омадани маро пай бурда,

самтњои афзалиятноки сиёсати зиддинашъамандии Њукумати Љумњурии Тољикистон боќї хоњад монд. Алњол Тољикистон иштирокчии зиёда аз 30 шартномаи дуљониба ва бисёрљонибаи байнидавлатї дар соњаи назорати маводи нашъаовар мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрўз љумњурии мо марњилаи аввали пешгирии нашъамандиро пушти сар намуд. Омўзиши афкори умум баръало нишон медињад, ки сатњи маърифатнокии мардум оид ба оќибатњои њуќуќї ва тиббию иљтимоии муносибати ѓайриќонунї бо маводи нашъаовар хеле боло рафтааст. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон дар баробари мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъаовар, инчунин дар самти пешгирии нашъамандї иќдомњои шоиста ва судбахшро амалї месозад. Агентї мунтазам дар байни ањолї хабару маќола ва барномањои мушаххас пахшу нашр менамояд. Инчунин, озмуни расму иншоњои бењтарин дар байни мактаббачагон, дањњо мусобиќањои варзишї тањти шиорњои зидди нашъамандї, семинарњои омўзишї бо занон, омўзгорон ва мураббиён, чорабинињои фарњангї бо наврасони аз тањсил дурмонда, озм��ни адибон, љашни сартосарии рўзи байналхалќии мубориза бо маводи нашъаовар, аз љумлаи иќдомот ва кўшишњое њастанд, ки имрўз ба паст шудани сатњи нашъамандї миёни љавонону наврасон оварда мерасонанд.

Омодасоз Моњрухсори ЊАКИМ бо камоли хушнудї ќабул карда гуфт: Њамаи корњои њуљљатдорї барои обёрии дења омода шудааст. Њамин, ки бонк пул гузаронад, њатман ба дења об оварда мешавад. Аз байн боз се моњ гузашта бошад њам, то њанўз роњбарони Муассисаи давлатии барномаи рушди дењот бо ваъдањои бардурўѓашон с окинони дењаро фиреб дода гаштаанд. …Зимистон дар мекў бад, вале то ба имрўз масъулини Муассисаи давлатии барномаи рушди дењот барои сохтмони иншооти обёрии оби нўшокї оѓоз накардаанд. Аз рўи миш-мишњои мардум, чанд моњ пеш дар муассиса озмуни тендер доир шуду барои обёрии дењаи Фатњобод гурўње ѓолибият ба даст оварданд. Њатто, акнун маблаѓњои калон људо гардидааст. Аммо то њанўз маълум нест, ки ин маблаѓњое, ки барои обёрии сокинони дења људо гардидааст, ба куљо "ѓайб" зада бошад? Мардуми дењаи Фатњобод бошад, њамарўза бо ќањру алам мегўянд: "Интизорї то ба кай? Куљост, адолату њаќиќат?"…

Њокими САФАР, ноњияи Файзобод


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

ТАЉАММУЛИ ИСТИЌЛОЛ

7

Дар масири таърих рўйдодњои муњиму мондагор хеле зиёданд, ки баъзеро бо талотуми ѓаму њасрат ёд меоранду дигареро бо шодию нишот ва ифтихор. Дар таърихи навини миллати тољик њам, чунин санањо кам набуданд, аммо таљаммули истиќлол шоистатар аз њама буд. Имрўз љалоли ин санаи мубораку аъзами миллат дар сартосари кишвар ва бурун аз марз шукўњу шањомати хоса дорад. Истиќлол чун орзуи неки деринтизор, амсоли парастуњо, мисли хуршед нуру зиё, сабзишу рўйиш ва фурўѓи субњи сапедро эњдо намуд. Давлату миллат аз чордеворињисори таърих ба роњи мустаќилият гом гузошт.

С

УКУТИ таърих суќут ёфт ва њама дару девори занљирпечро бишкаст- истиќлол! Дар домони уфуќ ситорае падид омад ,ки рўшану диданї буд ва он гулдўзие кард дар само- зебою мондагор номи миллату давлати тољиконро! Аммо як замон абрњо ин саморо тира сохтанд ва хостанд шарораи ин ситораро хомўш кунанд ва нафаси тулўъро бигиранд.Мехостанд боз сояњои шаб гулоби шафаќи истиќлолро фурў кашад ва рўйи чамани шукуфањо хайма зананд, аммо нидои аз сукут омадаи истиќлол чун раъди ѓуррон ин абрњои тираро парешон сохт ва боз офтоб аз зери онњо падид омад. Насими сулњу вањдат барвазиду самои истиќлолро аз чангу ѓубор пок сохт. Ва имрўз ин ситораро дар самои баланд аз њар гўшаи олам метавон дид, ки дурахшону нурафшон аст. Истиќлол дар кўлвораш њадяњои зиёде дошт ва дод ба мову шумо, ки имрўз чун насибаи таќдир аз онњо шукргузорї дорем. Истиќлол мову шуморо ба фарњангу тамаддуни ниёгон, раванди муосири илму технологияи замонавї пайваст ва боз њидоят дорад ба фардои дурахшон. Роњњоро боз намуд, хати парвозро тавлид сохт, ошёни мењру вафо, сулњу вањдатро бунёд кард ва ба диёри куњанбунёд њусну умри дигар бахшид. БОНУВОН ВА ИСТИЌЛОЛ Истиќлол дар домони њаёти бонувони кишвар шерозањои рангине гулдўзї намуд. Ин барномањои давлатие буданду њастанд, ки маќому манзалати занонро бологузин намуд. Дар марњалањои гуногуни рушд ва ислоњот чандин барномањо тарњрезї шуда, татбиќ гардиданд ва боз беохир тањия мешаванд. Ин самари неки Истиќлол буд ва њаст, ки имрўз бонувони кишвар аз он куллан бархурдоранд. Ќабули "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои ЉТ аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2007-2016" аз бењтарин чораљўињои њукумату давлат ар-

ЊАЁТ, ИН ЊАРАКАТ АСТ! зёбї мешавад. Мањз ќабул ва татбиќи ин барнома имкони занону духтарони лаёќатмандро дар раванди тањкими Истиќлолият, давлату давлатдорї ва таълиму тарбияи насли наврасу љавон бештар сохт. Барномаи дигар: "Тайёр кардани мутахассисон аз њисоби занон ва мусоидат ба шуѓли онњо барои солњои 2012-2015" то љойе сафи бекорї ва хонашинонро миёни занону духтарон коњиш дода истодааст. Имрўз дар доираи ин барнома, занону духтарони зиёде, бахусус, дар дењот ба шуѓли доимї, соњ ибкор ии ху рду миёна ва ѓайра фаро гирифта мешаванд. Аз санаи 4 июли соли 2006 бо маќсади рушди соњибкории хурду миёна ва ба касбомўзї љалб намудани занону духтарон грантњои Президентї таъсис ёфтаанд. То имрўз занону духтарони зиёде дар асоси ин грантњо ба соњибкорї машѓуланд ва бо ин васила рўзгори худ ва њам як гўшаи Ватанро обод месозанд. СТРАТЕГИЯИ МИЛЛЇ ВА НАЌШИ ЗАНОН ДАР ЉОМЕА Яке аз нахустин њадафњои стратегияи давлат ин љалби занон ба ислоњоти соњоти мухталифи љомеа буд. Бо ин маќсад "Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон дар ЉТ барои солњои 2011-2020" тањия ва ќабул гардид. Мусалламан, занону духтарони соњибилму соњибњунар дар кишвар кам нестанд ва њамасола тибќи квотањои Президентї, ки ин њам яке аз падидањои хуби Истиќлолият аст, духтарони зиёде аз дењот соњиби дипломњо гардида, ба истењсолот, хољагии халќ ва ба саноату тибу маориф ба кор мераванд. Шумораи муайяни бонувон имрўз роњбару сарвар њастанд ва дар пешбурди кору фаъолият афзалият њам доранд. Мањз Истиќлолият ва сиёсати созандаи Њукумату давлати кишвар буд, ки

андешањои нољову ѓалати дањсолаву асрњо шаклгирифтаро нисбат ба бонувон ботил сохт. Яъне, онњо на танњо модаранд, балки метавонанд сарвару олиму эљодкору њунарманд њам бошанд. Ин буд, сиёсати давлат ва стратегияи миллї оид ба наќши занон… ЗАНИ СОЛИМ -ОИЛАИ СОЛИМ Масъалаи хеле љиддї ва ислоњталабе, ки аз нахустин рўзњои Истиќлолият њамаро нигарон сохта буд, ин бењдошти вазъи тандурустии модарон ва кўдакону наврасон ба њисоб мерафт. Бо назардошти њама мушкилињои соња ва имконоти мављуда "Стратегияи миллии ЉТ оид ба рушди солимии кўдакону наврасон то давраи соли 2015" ќабул гардид. Њамчунин "Наќшаи миллии чорабинињо оид ба таъмини њифзи саломатии модарон дар ЉТ дар давраи то соли 2014" татбиќ шуда истодааст. Ин барномањо аслан имкон фароњам оварданд, ки бисёр беморињо пешгирї ва табобат шаванд, дар муассисањои тиббї њам шароити ташхису табобат бењтар гашта, фавти кўдакон ва гирифтории занон ба беморињо коњиш ёбанд. Дар ин самт марказњои таќвияти саломатї ва солимии репродуктивї бунёд шудаанд ва имрўз њифзи саломатии модару кўдак дар доираи барномањои зикргардида зери назорати мутахассисон ќарор доранд. Њарчанд ки то њанўз маърифати тиббї ва санитарии ањолї, бахусус бархе аз занон мутобиќи матлаб нест, вале бањри бењдошти саломатї ќадамњои устувор гузошта шуданд. ЗАН ВА ОИЛА Дар фарњанги тамаддуни миллї оила ва суннатњои хонаводагї вижагињо ва маќоми хосеро дорост.Љараёни ихтилофомези љањонишавї ва ворид шудани

Китобиёт

Ч

УНИН ном дорад, панљумин маљмўаи китобе, ки адиби љавон ва яке аз мухбирони љамоавии фаъоли њафтаномаи "Минбари халќ" Наргиси Муродалї ба њаводорон таќдим медорад. Маљмўаи тозанашр аз њикояњо таркиб ёфта, аксарияти онњо аз њаёти занону духтарон ќисса мекунанд. "Зан ва ќисмат" номгузорї шудани маљмўа њам бесабаб нест. Муброиза ва љањду талош барои

расму оинњои љомеаи модерн, хатари коњиш ёфтани анъаноти миллиро дар раванди тањкими оила ва оиладории мардум ба миён овард. Аз ин лињоз, вобаста ба нигоњ доштани пояњои анъанавии хонаводагї, ки мењвари асосии рушди љомеа, таълиму тарбия, камолоти насли солиму бофарњанг ва пойдории бењтарин оинњои миллї мањсуб меёбад,чорањои љиддї андешида шуданд. Ќабл аз њама, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон, тибќи як санади миллї ба љањорчўбаи ќонун ворид гардид, зеро бо љурми бемасъулиятї ва бањонањои дигар таълим, бахусус тарбия аз мадди назарњо канора рафт. Дар ин ќибол Ќонуни ЉТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" имкони тањкими оила, тарбияи фарзандон ва камолоти зењнию касбии онњоро фароњам сохт. Поймол сохтани њуќуќу манфиатњои занону кўдакон то љойе ба њукми анъана ворид шуда буд. Хушунат ва зўроварї дар баъзе хонаводањо ба њадди ифрот расид. Пас аз омўзишу тањлилњо Ќонуни ЉТ "Дар бораи пешгирии зўроварии хонаводагї" ќабул гардид, ки ин њам меваи замони Истиќлол аст. ЗАН ВА МАРОСИМЊОИ МИЛЛЇ Миёни мардуми мусалмон урфу анъанот ва маросимњои вижа асрњо роиљ гаштаанд ва то имрўз эњтирому эътиќод ба онњо хеле зиёд аст. Тўю сурњо, маросимњои мотам ва ѓайра ба таври хос баргузор мегарданд. Пас аз Истиќлолият, як замон бо вуљуди нољўр будани вазъи молиявию иќтисодї аксари хонаводањо бо њар роњ ин расму оинњоро анљом медоданд. Воќеияти зиндагї нишон дод, ки бо ин тарзу услуб сатњи рўзгори мардум бењ нахоњад шуд. Ќабули Ќонуни ЉТ "Дар бораи танзими анъана ва љашну ма-

росимњо дар ЉТ" воќеан роњи таќаллубу таассуб ва харљу харољоти бењудаю беасосро дар баргузории тўю сурњо ва маросимњои азодорї комилан бубаст, аммо њанўз њам зиёдаравињо њастанд ва дар ин самт занон ба истилоњ ташаббускоранд. Санади мазкур имкон дод, ки буљаи оилањо аз њисоби пасандозњо ѓанї гардад, сарфу харљи бењуда кам шавад ва наќши бонувон дар оила чун танзимкунандаи харљу харољот боло равад. … Хулоса, Истиќлолият чун њадяи нодири сарнавишт насибамон гашт ва агар воќеан њам, аз гирудорњои замона, ихтилофу људоиангезињо ва тундравињои сиёсию иљтимої тањаммулу тадбир намекардем, пас, моро, миллату давлати тозаистиќлолро чї оќибате нигарон буд?... …Имрўз корвони Истиќлол ба «дўшаш�� бори гаронбањои сулњу вањдат, оромию осоиштагиро бо ќадамњои устувор аз шоњроњи бузург пеш мебарад, аммо агар мову шумо аз ин падидаи муќаддаси миллат ношукрї кунем, нисбат ба њама паёмадњояш бетафовут бошем, аз корвон аќиб хоњем монд ва рањгум хоњем зад. Рисолати мову шумо таълиму тарбияи насли солиму босаводу њунарманд, худшиносу худогоњ аст, то дар марњалаи баъдинаи сарнавишти давлату миллат инони ана, њамин корвонро ба даст бигиранду сорбони арзандаи Истиќлолияти Ватан шаванд. Он гоњ файзу баракат, оромию осоиш ва озодию ободї аз талошу зањматњои мову Шумо бањри ин Ватану миллат бештар хоњад гардид. Ин љо андешањоямро бо як гуфтаи файласуфи бузург- Арасту хулоса мекунам, ки фармуда: "Њаёт, ин њаракат аст!"

Шањлои НАСРИДДИН

«ЗАН ВА ЌИСМАТ» зиндагии сарбаландона, нангу ор бобати њифзи шарафи инсонї, боло бардоштани маърифат, талош барои идомаи тањсил дар макотиби олї, ноадолатињои атрофиён ба љинсњои латиф ва гирудори ќањрамонону талоши онњо барои зиндагї ва паст кардани шиддати ноадолатињо ба зан асоси нигоштањои муаллифро ташкил дода, хонанда баробари мафтун шудан ба тасвири табиати нотакрори кўњистони киш-

вар, њаёти рўзмарраи мардуми дењот ва урфу одати аљдодї, ба таќдири ќањрамонони њикояњо бетараф буда наметавонад. Яке аз муваффаќиятњои нигоштањои адиб он аст, ки дар онњо тахайюлоти нољой кам ба чашм расида, асоси хатти сужаи онњоро њаёти воќеї ташкил додааст. Ин аст, ки мутолиаи њикояњо барои хонандаи имрўза мароќангез мебошад.

«МХ»


8

ДИН ВА ЉОМЕА

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

ДИН ВА ФАРЊАНГИ Инсон ва мењнати созандаи ў муњимтарин, балки волотарин омил ва ё захираи иќтисодї, рушди њаёти иљтимої ва иќтисодии љомеа мебошад. Аслан, дигар захирањо (замин, сармоя, ќобилияти соњибкорї, умуман олоту ашёи мењнат) на танњо мањсули эљоди инсон аст, балки зери итоати вай ќарор дорад. Бинобар ин, дар замони муосир ба маќому наќши сармояи инсонї таваљљуњи љиддї зоњир мегардад. Зеро ки дар љањони имрўза падидањои буњрони маънавї ба чашм мерасанд.

А

З ин лињоз, љомеашиносон, иќтисодчиён ва сиёсатмадорон имкон доранд, ки дар роњи бурун овардани инсон аз чорчўба ва ё доираи "инсони иќтисодї", ки ин инсонро дар оѓўши љањони моддиёт ќарор медињад, тадбирњои назариявию амалї андешанд. Умуман, илмњои љомеашиносї, назарияњои иљтимої, иќтисодї ва сиёсатшиносї имрўз боз ќаъран рў ба инсон, ќобилияту нерўи мўъљизаовари он овардааст. Таълимоти неосфера, рушди устувор, кишоварзии органикї ва ѓайра такя ба нерўи андешањои љањонсозии инсон тарњрезї шудааст. Эътиќод ва маљмўи органикии одатњои мафкуравии инсон, ки дар гузашта ташаккул ёфтааст, љавњар ва ё нерўи бузургест дар фаъолияту амали с озандаи инс он. Ана, њамин фалсафа, асоси љараён ва ё назарияи иќтисоди институтсионалии (нињодии) олимони Fарбро (Ч. Пирс, Т. Веблон, Коммонс, Д. Норт ва ѓ.) ташкил додааст. Табиист, ки дар ташаккули эътиќод ва маљмўи органикии одатњои мафкуравї, наќши дин хеле бузург аст. Олимони Fарб ахлоќи диниро дар низоми хољагидорї хеле моњирона истифода бурданд, ки барои мо метавонад мактаби таљрибабардорї бошад. Масалан, дар назарияи Ч. Пирс эъ тиќод ва ќоидањои фаъолият (амал), ки одат ном дода шудааст, мафњумњои марказї мебошанд. Ў таъкид мекунад, ки эътиќоди мо њадафу амалиёти моро роњбаладї ва њокимї мекунад. Аз ин лињоз, шубња дар эътиќод ва дар ноил гаштан ба натиљањои дилхоњ, барќароркунии эътиќод бояд њадафи тадќиќоти илмї бошад. Ч. Пирс таъкид кардааст, ки "эътиќод се хосият дорад: якум, он чизест, ки мо онро дарк мекунем; дуюм, ба озурдагї ва ноумедињо, ки шубња ангехтааст, нуќта мемонад; сеюм, дар табиати мо вай ќоидаи амалиёт, яъне одатро муайян ва барќарор менамояд". Ё ин ки олими барљаста, љомеашиноси намоён М. Вебер дар асари худ "Рўњи сармоядорї ва ахлоќи протестантї" маќоми ахлоќи диниро дар зуњуру пойдории хољагидории сармоядорї хеле бориз нишон медињад. Асосгузори љараёни протестантї М. Лютер, таъкид ба он дошт, ки байни инсону офаридгор касе нест ва танњо њамин мењнати содиќонааш метавонад ўро бо офаридгор наздик созад. Бинобар он, ба аќидаи М. Вебер ин таълимот минбаъд байни мардуми пайрави ин мазњаб, боиси такомулу пешрафти хољагидории сармоядорї гашт. Давраи соњибистиќлолияти кишвар имконият дод, ки дини муќаддаси мо - ислом бо арзу тўл хеле фарох рушду нумўъ намояд. Барои инкишофи он нињодњои мушаххас (масљиду мадрасањо, мањфилњову марказњои пажўйишї, пажўйишгоњи илмї- тадќиќотї дар назди Академияи илмњои кишвар ва ѓайра) ташкилу такомул ёфтаанд. Илова бар ин, кишварамон бо мамлакатњои љањони ислом робитањои зичи серљабња пойдор намудааст. Бо иќдоми

муњтарам Эмомалї Рањмон Ќуръони Карим бо забони тољикї ва китоби "Тарљумаи Тафсири Табарї" (зери тањрири академик Н.Ю. Салимов ) бо хати кирилї рўи чопро дидааст. Ин корњои бузург дар шоњроњи инкишофи маорифу фарњанги мардуми кишвар имконият медињад, ки мо ќаъран мазмуну моњияти оятњои Ќуръони Каримро дарк намоем, рафтору кирдори ху дро на аз рў и таассу б, кўркўрона, балки аз рўи донишњои воќеї муайян кунем ва арзишњои баланди таълимоти исломиро эњё намуда, дар фаъолияти иљтимоїиќтисодї ва хољагидории худ истифода барем. Дин худ аз калимаи арабї буда, онро метавон чун тарзу ќоидаи њаёт, зиндагонї арзёбї кард. Пас, ин маънї ба мафњуми нињод (институт - аз калимаи лотинї, маънояш барпокунї, нињод аст), рост меояд. Зери мафњуми нињоди мушаххас маљмўи ќоидаву дастур, ки ба фаъолияти муайян марбут асту онро зери назорат ќарор медињад, дар назар доранд. Агар ба љомеаи имрўза назар кунем, пас феълан бархе аз фаъолиятњои иљтимоиву иќтисодї бо ќоидаву нуќтањои оятњои исломї танзим мешаванд ва чун либоси ѓоя дар амалу фаъолият хидмат мекунад. Албатта, чунин нињодњоро одатан нињодњои ѓайрирасмї мено-

Фаќат моро зарур аст, ки онњоро дарк намуда барои воќеан ворид гаштан ба љузъи таркибии њаётгузаронии худ фишангу тадбирњо андешем». Ба назари банда оятњои 30-36и сураи Баќара, асоси таълимоти исломро оид ба инсон ва муносибатњои онро ба муњити ињоташуда муайян мекунад. Тасаввур мекунем, ки Одам (алайњисалом) пас аз бињишт ронда шудан, ба замин чун љонишини Султони Њаќ омадааст. Њадафи асосии ў на танњо нерўи некие, ки дар одам нуњуфта аст, бедор кардан, балки худоогоњї, дарки оќибати ягон кору корнома, шинохти душман низ, мебошад. Дар ин маврид файласуфи бузург Э.Кант зикр кардааст, ки ман фарању лаззати волоро аз ду љањон мегирам: яке коиноти беохиру муназзами зебо ва дигаре љањони бекарони ботинии инсон, ки пур аз некї аст. Тибќи таълимоти ислом инсон нахустмахлуќ и офаридгор, чун

манд). Б ояд таъкид кард, ки ќоидањои фаъолият, ки ба эътиќоди муайян мутобиќ аст, барои он ки воќеан њам одат шаваду дар амал бошад, бояд аввал мазмуни он дарк шавад ва баъд такрор ба такрор иљро гаштану хосияти оммавї гирифтани он таъмин гардад. Мањз рафтору кирдоре, ки на аз тафаккури нусхабаста (стреотип), одату таассуб, балки аз дониши воќеии ќоидаву амал бармеояд, нерўи бузурги пешбарандаи љомеа мебошад. Олим, сотсиологи намоён П. Бергер таъкид мекунад, ки "нињод" (ќоидаву назми љомеа) аллакай ба туфайли далели мављудияти худ рафтори инсонро зери назорат мегирад, тарзи зиндагї ва кирдор, самтњои имконпазири назариявиро пешакї муайян мекунад. Нахуст назорати иљтимої аз тарафи мављудияти нињодњо муайян шудааст." Пас шукри беадад, ки волотарин ќоида, тарзу дастурњои фаъолияти њаёт, ѓизои беминнати љањони хиради мо беш аз 1400 сол муќаддам дар Ќуръони Карим гуфта шудааст. Ин нињоди барљастатарин дар танзими алоќањои иљтимої-иќтисодии мо мебошад.

њокими Замин арзёбї шудааст. Чуноне ки ояти Ќуръон фармудаст: "Ва чун гуфтем фариштагонро, ки "саљда кунед Одамро" пас саљда карданд, магар Иблис, ки бозистод ва бузургманишї кард ва буд аз кофирон" (ояти 34-и сураи Баќара). Њама чиз барои ў сохта шудааст, пас ў бояд ин неъматњоро оќилонаву сарфакорона истеъмол намояд. Сарфакорї ин давоми амаливу мушаххаси шукрона бар Офаридгор аст. Инсон њамин тариќ аз њама арзишмандтарин эљоди Офаридгор аст ва чун нерўи барљаставу динамикї дар замин наќши фаъол дорад. Дар ботини инсон љавњари зебопарастї нуњуфтааст ва ў њама мўъљизоти дилчаспу лаззатњои заминиро дарк менамояд. Пас рафтору кирдор ва пиндори вай аз мўъљизањои табиат бояд болотар ва накњати худовандї дошта бошад. Моњияти худшиносии инсон њам дар њамин аст. Яке аз поягузорони фалсафаи муосир Рене Декарт таъкид дошт, ки инсон кулли эљодњои худро ба номи Худо оѓоз мекунад. Зеро, бе ин фаъолият комилу объективї њам намегардад. Ў ќайд мекунад: "Худо чун мављудияти мутлаќ ко-

мил аст, ба фиреб ќодир нест ва онро намепарастад, бинобар он агар ин љањон воќеї намебуд, пас вай ба мо эътиќоду эътимодро дар мављудияти љањон ато намекард". Зебої ва муназзамии табиат, ки моро ињота кардааст, ба мо эътимод мебахшад, ки ин њаќиќат аст. Агар ин тавр намебуд, табиат дар бесомонї (хаос) ќарор медошт. Пас, инсоният чун љузъи ў бояд мисли табиат на танњо дар созишу њамоњангї бо худ, балки бо табиат њам бошад. Њамин тариќ, дар љањони ислом инсонро чун офаридаи Худо хеле арзишманд мењисобанд. Вай чун нерўи пойгоњї комилан мазмуни фаъолияти худро дарк намуда, масъулияти худро дар назди муњити ињоташуда ба дўш мегирад. Њар гуна воситаву неъматњое, ки ба он бовар шудааст, ќадр карда, бошуурона истифода мебарад. Ин нуктањои њикматонаву маърифатбахш, бахусус дар замони имрўз, ки инсоният буњрони экологиро аз сар мегузаронад, дар роњи худогоњии инсон ањамияти бузург дорад. Зимнан бояд таъкид кард, ки таълимоти исломї, нисбат ба назарияњои материалистї бештар арзишњои маънавї, ахлоќї, эътиќод ва њаќљўиро дар њаёт рушд медињад ва имкон дорад онњоро њифз намояд. Дар љомеаи материалистї бошад, инсонро пеш аз њама аз нигоњи ќобилияте, ки арзиши моддї тавлид мекунад, ќадр мекунанд. Тибќи назарияи материалис тї в ай мањсули муњит, љу зъи вос итањ ои истењсолот, ки вазифаи му ќад дас и он ба кадом арзише набошад,бештар неъма-

тњои моддї офарад, бањо медињанд. Ин љо арзишњои маънавї, ахлоќу эътиќод дар мадди дуввум ќарор дорад. Маъмул аст, ки инстинкти инсон - мењр ба сарвату бойгарии моддї, чизу чора ва васваса ба онро аз роњи рости худовандї берун мекунад. Бинобар ин, бо ворид кардани закот, яъне ќисме аз боигарии худро ба мўњтољон хайр кардан, љуръату васвасаи бењудудро дар андўхти сарвату сармоя мўътадил мекунад ва ё бозмедорад. Бахусус, моњи шарифи рамазон бандагонро аз он васвасањо боздошта, барои зери назорат ќарор гирифтани талаботњои моддии инсонї мусоидат мекунад. Аксари олимони илми иќтисодї таъкид ба он доранд, ки муаммоњои дилхоњи иќтисодї дар њудуди мањдудияти захирањо ва бепоёнии (бењудудии) талаботи инсонї њал мешавад. - Омили "талаботи бењудуд" - таъкид мекунад сиёсатшинос, мутафаккири рус А.А.Привалов, љомеаи истеъмолгарро тавлид карда, истеъмол, њарисї дар мадди аввал баромадаас т. Њарчанд дар љомеа оид ба Худо њарф зананд ва аз номи Худованд корњо оѓоз кунанд

њам, аммо аслан руњи худовандиро њис кардан мушкил аст. Зеро љуръати бепоён ба арзишњои моддї ва боло рафтани ин талабот чун њадафи олї, љои худовандро аз ќалби инсон рабудааст. Дар ин раванд маънавиёти инсон хароб гашта, дар ботинаш нерўи озод намондааст, ки маънои комили зиндагиро дарк намояд. Аз ин љост, ки дар замони муосир буњрони маънавї њис мешавад ва нагирифтани пеши роњи он ба марги љомеа мусоидат мекунад. Имрўз зарурате ба миён омадааст, ки инсон замину табиатро бояд њифз намояд, эњтиёт кунад. Аз хосияти даррандагии худ даст кашида, ба табиату замин чун ба модар рў оварад, ба талаботи бењудуди худ чун табиат ва љузъи таркибии он њудуд бахшад, зери назорат гирад. Бинобар ин, рўза на танњо барои пок кардани тану рўњи инсон, балки ба хотири омўзиши сабру муътадилї интизоми маънавї ва парњезкорї равона шудааст. Барои он, ки инсон бандаву пайвастаи Парвардигор, инсони комил бошад, пас бояд ќобилияти тобеъ намудани рафтору кирдори худро ба ќонунњои хирад, талаботи маънавию ахлоќї дошта бошад. Чуноне ки дар ояти 183-и сураи Баќар меояд: "Эй он касњо, ки бигаравидед, набишта шуд бар шумо рўза, чунон(ки) набиштанд бар он касњо аз пеши шумо, то магар шумо бипарњезед". Инсони худотарсу худогоњ он инсоне мебошад, ки дуздиву ѓорат ва фиреб дар андешаву ботини он умуман вуљуд надорад. Дар ин љо боз дигар намуди њарисиву мумсикиро бояд таъкид кард, ки онњо дар чашм аён намебошанд. Ин пеш аз њама истифода бурдани сарвату сармояи худ барои харидани дигарон (соњибмансабон) ба маќсаде, ки сарвати худро дучанд намоянд ё ин ки ѓайриќонунї аз худ кардани боигарии дигарон. Дигар ин сўйистеъмоли бойигарї, яъне харљу мараљи маблаѓи худ ба њадафњои сабукфикриву ночиз, худнамої ва ѓ. Ин падидањои номатлуб дар таълимоти ислом пазируфта намешаванд. Амалї гаштани ин ну ќтањ ои таъ лимот чу н нињ оди љомеа такмили муносибатњои таќсиму бозтаќсими одилонаи бойигарии миллї ва шаффофияти фаъолияти соњањоро (гурўњи одамонро) марбут ба ин фаъолият, таъмин месозад. Эътиќоди бузург дар парњезкориву порсої, чун фармудањои Худованд ва ворид шудани ин хислатњо дар одати њамарўзаи мардум, дар решакан кардани падидањои номатлуби љомеа, ба мисли ришваситонї, "шусташавї"-и маблаѓњои давлату љомеа, иќтисоди пинњонї ва ѓ. суръат мебахшад. Дар таълимоти ислом љуръату фаъолияти поки ба даст овардани воситањои зист барои њаёти шахсї, волидайн ва зану фарзанд, чун итоат ба худованд арзёбї мегардад. Ин љо тиљорати (фаъолияти иќтисодї) тозаву шаффоф, ки ба инсофу виљдон такя дорад, њам ба манфиати тољир, ки њамин тариќ харљи худро рўйпўш мекунад ва њам барои љомеа, ки дар акси њол дар мушкилї ќарор мегирад, равона шудааст. Васвасаи ситонидани даромадњои беинсофона ва тиљорате, ки ба фиребу найранг такя мекунад, гуноњи азим, кори шайтонї ва берун рафтан аз роњи худовандї аст. Аз ин лињоз, мусулмононро манъ намебошад, ки њатто дар мавриди сафари њаљ, зиёрати Каъба ба тиљорат шуѓл банданд ва аз бародарони худ њаќќи пардохти хизмат талаб намоянд. Аммо, ин дар рўњияи рањму шафќат ва парњезкорию худотарсї бояд сурат гирад.


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

ДИН ВА ЉОМЕА

ИЌТИСОДЇ Равоншиносони муосир аќида доранд, ки рафтору кирдори душманона ва ё бадбинї миёни одамон ин реаксияи табиии рўњу ботини инсон ба кори нек ва ё накўкорї мебошад. Ин аќида ба он такя мекунад, ки ќабулкунандаи туњфа, хайру садаќа худро заифу ноком њис мекунад. Эњсонкунанда бошад, худро марди сахї њисобида, аксар ваќт бузургу тавоно менамояд. Њамин тариќ, чунин муносибат њисси дилмондагї, тањќир, бадбиниву душманиро тавлид мекунад. Аммо дар таълимоти исломї ин тезис љой надорад. Зеро дар он мушаххас иброз шудааст, ки дороии инсон ин туњфаи Худованд аст ва он чизе, ки хайр мешавад, ќисме аз туњфаи Худованд аст. Ва Худованд барои ин кори хайр подош медињад. "Гуфтори нек ва омурзиш бењтар аз садаќа, ки бошад, аз паси он ранље ва худои бениёз аст ва бурдбор". (Ояти 263-и сураи Баќара). Агар ин маънї барои кулли фардњои љомеа пањну маъмул бошад, пас ягон накўкор худро бузург намегирифт ва ягон ќабулкунандаи садаќа ё туњфа худро нокому гирифтор њис намекард. Туњфае, ки барои ќабулкунанда ногувор аст, зарур нест. Накўкориву эњсонкории дурўѓин, ки њадафи намоишкоронаро дорад, дар воќеъ накўкорї намебошад. Баръакс, ин кор беэътиќодиро ба худованд тасдиќ мекунад. Чунин эњсону хайрот ба замини ночизи болои санг ва ё шахи кўњ шабоњат дорад: агар бороне ояд онро шуста нобуд мекунад. Эњсонкории воќеї ба мисли теппањои доманакўњ, ки бо хоки серњосил дар мавзеи ќулай љойгир шудааст, монанд мешавад. Бо омадани борон намнокии баландро азхуд мекунад, аммо шуста намешавад ва бинобар ин њосили фаровон медињад. Дар солњои камбориш соњиби он парвое надорад

Њуќуќ

фи бисёр падидањои номатлуби ахлоќї, иљтимої ва иќтисодї мусоидат мекунад. Вай бедоршавии одату хислатњои мењр ба боигарї, худпарастиву њарисиро ва аз тарафи дигар њисси нобоварї, эътиќод ба Худоро боис мегардад. Ва нињоят вай рўњияи дўстиву бародариро низ пахш мекунад. Дар доираи иќтисодиёт, њамин тариќ љомеае, ки чизеро ба иљро нарасонида, худ аз њисоби мењнату араќи љабини дигарон зиндагї мекунад, њамчунон дар нокомї ва њалли мушкилоти онњо иштирок намеварзад. (ниг. ба ояти 275). Низоми фоизї ба консентратсияи пул ба дасти камтарин теъдоди ањолї мусоидат карда, фарќияти азимеро дар даромади табаќањои гуногуни ањолї боис мегардад. Ин њолат ба муташаниљ гардидани вазъи иљтимоии љомеа, бархўрди манфиатњо суръат мебахшад. Аз нигоњи этикї њар як фард хосиятњои инсонии худро гум карда, ба махлуќе, ки њама чизро аз нигоњи фоидаи моддї бармекашад ва ба иљро мерасонад, табдил меёбад. Дар воќеъ, имрўз, ки аз расонањои ахбор ва адабиёти иќтисодї огањї дорем, низоми пулї, молиявїбонкии љањон дар вазъи буњронї ќарор дорад. Зеро низоми молиявїбонкї аз асли худ - доираи (сектори) воќеии иќтисодиёт дур рафт ва ба як соњаи бонуфузу мустаќили дорои нињодњои бузург табдил гаштааст. Бинобар ин, вай барои рушду инкишофи соњањои воќеии истењсолї монеъањо эљод карда истодааст. Аз ин лињоз ислоњоти кулли ин низом, ки бояд ба асли худ рў оварад, муаммо ва вазифаи асосии замони муосир аст.

Аброр МИРСАИДОВ, профессор

Хариди сохтакоронаи манзил

Молу сарват гоњо боиси коста гаштани мењри фарзанд ба волидон, ё ѓазабу хусумати волидон нисбат ба онњо мегардад. Њамдигарнофањмї дар масъалаи манзил оилаи Воњидовњоро ба мурофиаи судї овард. Фарзандон нисбат ба падари худ Воњидов Мањмадї, бародарашон Воњидов Абдуќодир, њамљавобгар Мухторов Абдулло "дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурўши хонаи 37 дар кўчаи Самарќандї" ариза навиштанд.

М

ва розї аст, ки бо мењнати иловагии софдилона боз њосили фаровон гирад. "Эй, он касњо, ки бигаравидед, табоњ кунед, садаќаи шумо ба сипос ва ранљ, чунонки хазина кунад хостаи ў ба руъияти мардумон ва нагаравад ба Худой ва ба рўзи растахез. Достони у чун достони санге аст - бар он хоке, бирасад онро борон даст бидорад онро њамвор, натавонанд бар чизе аз оне чи сохтанд ва Худой на роњ намояд гурўњи кофиронро" (ояти 264 сураи Баќара). Пас инсоне, ки эњсонкории воќеиро ба иљро мерасонад, вай рўњан солим аст ва бо ќабули туњфаи худованд боз туњфа ба дигарон (беминнат) мекунад. Таълимоти исломї низоми фоизро натанњо мањкум мекунад, балки њатто, манъ менамояд. Манзараи дањшатовари судхўр ва оќибати онро зери танќид ќарор медињад. Дар воќеъ, агар мо низоми фоизро аз нигоњи иќтисодї тањлил намоем, камбудињову костагињои бисёре дорад, ки онро аллакай иќтисодчиёни Fарб эътироф карда буданд. Масалан, доктор Шахт, собиќ директори Рейхсбонки Олмон, соли 1953 дар яке аз лексияњои худ дар Димишќ, таъкид ба он дошт, ки ба воситаи њисоби оддии риёзї метавон исбот кард, ки чї ќадар ќисми зиёди маблаѓ дар дасти якчанд соњибкороне, ки ба амалиёти фоизї шуѓл доранд, љамъ мешавад. Он касе, ки ќарз медињад, њама ваќт дастболо аст ва он касе, ки ќарз мегирад, њарчанд дар лањзаи му айян манфиат бардорад, аммо бештар зарар мебинад. Њамин тариќ, фоизи пул бармегардад, ба њамёни касе, ки ба гирифтани он одат кардааст. Дар ислом таъкид мешавад, ки амалиёти фоизї аз коњиши ахлоќ ва маънавиёт бармеояд ва ба инкишо-

АЪЛУМ гашт, ки онњо њама якљоя дар ин манзил мезистаанд. Пас аз фавти модарашон Воњидова Њољимо, падарашон Воњидов Мањмадї бо дигар зан оила барпо намуд ва байни ўву фарзандон норизої ба миён омад. Ў 20-уми январи соли 2010 хонаро пинњонї бе розигии фарзандон ба Воњидов Абдуќодир дар асоси шартномаи њадя бахшид. Пас аз бањси фарзандон, Суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз 26.08.2010 сол шартномаи њадяи номбаршударо бекор кард. Воњидов Абдусамад бо њамсараш аъзои оилаи молик эътироф карда шуд. Бо њалномаи дигари њамин суд аз 19.09.2011 сол њиссаи моликияти муштараки марњум модарашон ба њар яке аз онњо таќсим шуда, бо њалномаи сеюм аз 8.05.2012 сол байни њамаи меросхўрон бо њисоби ба њар яке аз онон 14,400 сомонї ба тариќи

пулї муайян карда шуд. Вале бо вуљуди ин, падар Воњидов Мањмадї 24 октябри соли 2012 манзилро ба Мухторов Абдулло ном шахс фурўхт. Љавобгар Мухторов Абдулло ба муќобили онњо даъво пешнињод намуд, ки аз хонаи фурўшии мазку р тавас с у ти эъ лон хабардор шуда, ба 60000 доллари ИМА харидорї намуд ва 24.10.2012 шартномаи хариду фурўши онро ба расмият даров ардаас т. Пас аз ду њафта њамроњи раиси мањалла ва шоњ идон барои кабули манзили истиќоматї ба хона даромаданд ва калидро гирифта, санад тартиб дода, муњр гузоштанд, дигар муќаррароти ќонунро ба љо оварда, баъд аз он писараш, љиянаш ва занашро ба хона овардааст. Аммо даъвогар - љав обгар Воњидов Абду самад љанљол бардошта, иброз намудааст, ки ў фарзанди Воњидов Муњаммадї буда, аз он хона ў низ њисса дорад, чизу чораи ў дар ин манзили ис тиќоматї ис тодааст. Дар њолати мастї тањдид кард, ки хонаро оташ мезанад. Харидори манзил хоњиш намуд, ки њиссаи пулии аз тарафи суд муайяншударо бигзор М. Воњ идов ба пис аронаш дињ ад. Аммо писари ў Воњидов Абдусамад гуфт, ки барои гирифтани маблаѓ розї нест, зеро бо он харидорї намудани њатто як хонаи якњуљрагї гайриимкон мебошад. Падар мебоист пеш аз фурўши манзил розигии фарзандонро мегирифт. Асли кор дар он аст, ки А.Мухторов бо падараш муносибати дўстї дошта, шояд шартнома рўякї тартиб дода шуда бошад.

Суд дар баробари ин њолатњо, муайян намуд, ки тарафњо талаботи моддаи 488 КГ Љумњурии Тољикистонро оиди шартномаи хариду фурўш риоя накардаанд. Воњидов Мањмадї мебоист танњо њиссаи худро аз ин манзил, ки бо њалномаи суд аз 8.05.2012 с. муайян карда шудааст, ба А.Мухторов мефурўхт, аммо ў њиссаи фарзандонро низ фурўхтааст. Њолати дигар он аст, ки дар манзили бањсї айни њол на харидор Мухторов Абдулло , балки Воњидов Абдусамад бо ањли оилааш истиќомат менамояд. Ў аз хурдсолї дар он манзил зиста, оиладор шуда, соњиби се фарзанд гашт ва дигар љойи зист надорад. Суд лозим шуморид, ки даъвои љавобии Мухторов Абдуллоро рад намояд, зеро дар кирдори ў аломати "бадастоварандаи бовиљдон" љой надорад. Аз баёноти фарзандони Воњидовњо ва Содирова Гулреза муайян гардид, ки Мухторов Абдулло бо падари хонадон Воњидов Мањмадї муносибати дўстї дорад ва шартномаи хариду фурўши манзил рўякист. Бинобар ин, ў манзили номбурдаро соњибї ва дар он истиќомат накардааст. Бо дарназардошти асосњои зикршуда, Суди ноњияи Синои ш.Душанбе аз 19-уми апрели соли 2013 шартномаи хариду фурўши ин манзилро дар Идораи нотариалии давлатии ноњияи Синои беэътибор донист.

Мафтуна МУЗАФФАРОВА, судяи Суди ноњияи Сино ш.Душанбе

9

Сиёсат Имрўзњо ашхос ва созмонњои иртиљоии мухолифи давлати Тољикистон худро ба кадом дар зада, боз аз кї имдод талабиданро намедонанд. Инњо назди баъзе давлатњо ва ташкилотњо ваъда дода буданд, ки интихоботи президентии Љумњурии Тољикистонро тањрим хоњанд кард, вале ба ин маќсади нопокашон нарасиданд. Ќаблан дар њар сањифаи сомонањои иљтимої сурати бесираташонро бо чанд сухани бемаъниву бамантиќ љой мекарданд. Дар баромадњои пай дар пайи худ љамъияти Тољикистонро барои дар интихобот ширкат накардан, даъват менамуданд.

МАРДОНИ БЕРЎЮ БЕЛАФЗ Душмани оштинопазири давлати муосири тољикон, чоплусони дур аз Ватан ва дар Ватан будаи бе ёди ватан, хизматгорони фарангиёну аљнабиёни дуру наздик-Саидюнуси Истаравшанї, Додољони Атовулло, Ботур Ќосимов ва "дўсти душманнамо"- Рањматилло Зойиров худро "наљотдињандагон"-и миллат нишон доданї шуданд. Мардуми тољик аз чунин "наљотдињандагон" безор шудаанд. Аммо ин мардони берўю белафз нашармида, такрор ба такрор мегуфтанду мегуфтанд ва аслан маълум набуд, барои кї мегуфтанд. Чунки касе ањамият намедод ва халќи тољик кайњо аз ин бешармон безор шуда, на ба гапи ину на ба гапи он гўш медод. Аќидањои ѓайриќонунї, зиддидавлатї, зидиинфиродї, бавижа, дар рафтор, дар амал, дар сухани ин ќабил нафарон хеле зиёд љой дорад. Баъзе аз ин ашхоси бадрафтор њар як сокини кишвар ва интихобкунандагонро њатто, мебахшед ба "гусфанд" монанд карда буданд. Рўзи дигар бошад, бо зорию илтиљо аз мардум хоњиш менамуданд, ки бо онњо бошанд ва фикрњои ба куллї аблањонаашонро љонибдорї кунанд. Лекин намефањмиданд, ки шањрвандонро рўирост тањќир карда истодаанд. Ашхоси номбаршуда нафарони якрўву яклафз нестанд. Сари њар лањза фикри худ, номи худ, миллати худ, ватани худро иваз мекунанд. Додољони Атовулло ва шогирди сарсупурдаи ў Саидюнуси Истаравшанї њангоми пешбарии номзади ягонаи Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон (ИНИТ) ва ташкилкунандагони ин созмонро зери интиќоди шадид гирифта, њатто, ба баъзе корњо муттањам карда буданд. Номзади пешнињодшударо "ѓайришаффоф" ва "ѓайриодилона" ном бурда, норозигї ва нигаронии худро изњор намуда, аз њизбу њаракатњои њамаќидаашон талаб намуданд, ки аз вай љонибдорї накунанд. Баъди чанд ваќт дигарбора ба хулосае омада, номзади ИНИТ-ро љонибдорї мекунанд. Пас, аз ин бар меояд, ки устоду шогирд танњо ба хотири иѓвоангезї чунин кор мекунанд ва наќшањои хољагонашонро амалї месозанд. Мард як сухан дорад, аммо ба назар мерасад, ки инњо одамони якрў нестанд. Вобаста ба мавќеъ ва имконият сухани худ, оилаи худ, замини худ, њастии худро иваз мекунанд. Ин амал танњо кори дасти нољавонмардон аст, агар љавонмарди њаќиќї мебуданд, суханашонро њељ гоњ ду намекарданд. Додољони Атовулло чун дид, ки халќ на ба ўву на ба созмони бесоњибаш - "Ватандор" бовар надоранд, љунбиши ќалбакии "БАС"-ро асос гузоштанї шуд. Маълум аст, ки ин љунбиш низ дер намепояд, ба зудї аз байн хоњад рафт. Зеро ташкилкунандагон њамон хиёнаткорони номбаршуда њастанд, ки ба халќ, ба миллат, ба зану фарзанд, ба Ватан-Модар хиёнат кардаанд. Ба дурўѓгўву хиёнаткор кї бовар кардааст, ки халќи шарифи тољик бовар кунад?! Бо ин даъватбозињо мехоњанд боз мардумро гумроњ карда, фиреб дињанд. Бошандагони Тољикистон бори дигар исбот сохтанд, ки пайрави шахси содиќу њалим њастанд. Аз номзадњои пешнињодшуда танњо њамон чењраи барои миллати тољик наздику ошноро интихоб карданд. Ташаббусу иќдомоти наљибу ватандўстонаи ўро дар самти ободонии кишвар ба назар гирифта, якдилона интихоб намуданд.

Фарид ФАРРУХЗОДА


10

ПЕШНИЊОД

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

Тавре маълум аст, дар љањони муосир талабот ба энергия, хусусан ба энергияи электрикї, рўз аз рўз зиёд шуда истодааст. Азбаски дар замони њозира зиёда аз 80 дарсади энергияи электрикии истењсолшаванда, дар нерўгоњњои барќи њароратї, бо истифода аз сўзишворињои барќарорнашавандаи газу нафту ангишт њосил мешаванд ва худи протсеси сўзиш, ѓайр аз баланд кардани њарорати миёнаи атмосфераи замин, муњити атрофро низ олуда мекунад, оќибати ин амал пешгўинашаванда ва фалокатовар хоњад буд. Дар айни замон манбаъњои сўзишворињои зикршуда беохир нестанд ва мувофиќи маълумотњои навтарин, агар истеъмоли онњо ба њамин суръат давом ёбад, пас, захираи нафт баъд аз 30 сол, гази табиї 50 сол, ва ангишт пас аз 100 сол ба итмом хоњад расид.

БАРОИ НЕРЎГОЊЊО ОБАНБОРИ

ЗАХИРАВЇ ЗАРУРАНД? М

УШКИЛОТИ таъмини ањолї ва хољагии халќ бо энергияи электрикї дар Љумњурии Тољикистон кайњост, ки ба яке аз масъалањои муњимтарин ва то ба имрўз њалнашуда табдил ёфтааст. Бењуда нест, ки яке аз се њадафи стратегии Њукумати кишвар барои солњои наздиктарин ба даст овардани истиќлолияти энергетикї мебошад. Имрўзњо маълумотњое пайдо шуда истодаанд, ки Тољикистон аз захирањои газу нафт бой мебошад. Танњо ин захирањо дар чуќурињои нисбатан азим љойгир шудаанд, истењсоли он маблаѓњои калон, хусусан ваќти зиёдро талаб мекунад. Энергия бошад, њама ваќт хеле зарур аст. Аз ин нуќтаи назар роњи ягонаи халосї аз ин буњрони энергетикї, сохтани нерўгоњњои барќи обї мебошад. Ин кор њам маблаѓу зањмат металабад, вале нерўгоњњои обї дар мўњлатњои камтарин харољоти сарфшударо бармегардонанд. Њамин тавр, роњи асосии расидан ба истиќло��ияти энергетикї њарчї зудтар ва њарчї зиёдтар сохтани нерўгоњњои барќи обї мебошад, вале бояд зикр кард, ки гидроэнергетика як хусусияти ба худ хос дорад. Маълум аст, ки эњтиёљот ба энергия, бахусус дар фасли зимистон меафзояд. Дар айни замон, дар ин фасли сармо, дарёњо камоб мегарданд ва дар натиља, сатњи оби обанборњои нерўгоњњо поён мефарояд. Бинобар ин, дар зимистон, барои пурра ќатъ нашудани истењсоли барќ, зарурат пеш меояд, ки як ќисми гидрогенераторњоро аз кор боздоранд. Дар натиља коркарди барќ кам мешавад. Дар тобистон бошад, аз сабаби баландшавии њарорат, ба обанбор оби зиёд дохил мешавад ва барои шуста нарафтани сарбанд як ќисми оби изофа бе истифодаи он ба дарё партофта мешавад (бо истилоњи маъмулии барќчиён - "холостой сброс"). Бар замми ин, дар тобистон эњтиёљот ба энергия нисбатан кам мешавад. Тавре дида мешавад, камбудии асосии нерўгоњњои обї

аз он иборат аст, ки дар ваќти зарурї энергияи кифоя истењсол намешавад ва дар ваќти серобї эњтиёљот ба энергия нисбатан кам мешавад. Солњои пешин, ваќте ки Тољикистон яке аз љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї буд ва ба сохтори ягонаи мутамаркази энергетикї дохил мешуд, фасли тобистон нерўи барќи баризофа њосилшударо, ба ин система равона месохт ва дар зимистон норасоии барќро аз ин система мегирифт. Пас аз пошхўрии ин абарќудрат системаи ягона низ нест шуд. То се соли охир мо бо њамсояи наздиктарин - Ўзбекистон чунин доду гирифтро идома медодем, вале солњои охир ин њамкорї аз љониби дигар боздошта шуд ва дар натиља, Тољикистон ба буњрони шадиди энергетикї дучор гардид. Пас чї бояд кард? Ин љо, мо яке аз роњњои рањої аз ин вазъиятро пешнињод менамоем. Тавре дар боло ќайд шуда буд, дар тобистон аз сабаби баланд шудани њарорат ва обшавии барфу пиряхњо дар кўњистон дарёњо сероб гардида, ба обанборњои нерўгоњњо оби зиёд дохил мешавад. Барои он ки оби изофа сарбандро шуста наравад, дар нерўгоњњои обї обравњои махсус сохта мешавад ва дар зарурат оби изофа бе истифодаи он партофта мешавад ("холостой сброс"). Саволе ба миён меояд, ки оё ин оби изофаро захира намудан мумкин аст, то ки фасли зимистон барои истењсоли нерўи барќ истифода карда шавад. То он љойе, ки хабар дорем, дар ягон сарчашмаю маъхаз, навиштаю иттилооте, ки ба мушкилоти энергетикї бахшида шудааст, мутаассифона, ба чунин гузориши масъала дучор нашудем. Пешнињоде, ки мо дорем, ба принсипи кори нерўгоњи барќи гидроаккумулятсонї (НБГА) нерўгоњи барќи обие, ки энергияи электрикии нерўгоњи дигарро ба энергияи потенсиалии об табдил дода, дар мавриди зарурї энергияи ѓуншударо тавассути табдили баръакс ба системаи электрикї медињад, монанд аст (нигар. Энсиклопедияи советии тољик, љилди 7., сањ. 142, маќолаи "Стансияи электрикии

гидроаккумулятсионї"). Ин иншоот аз ду обанбори иќтидору савияњояшон гуногун, нерўгоњи барќ, насосњо ва ќубурњои пайвасткунанда иборат мебошад. Принсипи кори ин нерўгоњ аз он иборат аст, ки шабонгоњ, ваќте ки эњтиёљот ба нерўи барќ нисбатан кам аст, аз њисоби энергияи зиёдатии системаи энергетикї оби обанбори поёнї бо ёрии насосњо ба обанбори болої кашида мешавад. Рўзона, ваќте ки талабот ба энергия ба ављи худ мерасад, оби дар боло захирашуда гидротурбинањои НБГА - ро ба кор медарорад ва энергияи њосилшуда ба системаи энергетикї дода мешавад. Оби дар нерўгоњ истифодашуда, ки дар обанбори поёнї љамъ шудааст, шабона боз бо ёрии насосњо ба обанбори болої бароварда мешавад. Тарзу услуб ва ё сикли кори НБГА њамин тавр муттасил такрор меёбад. Дар љањон кайњост, ки ин гуна нерўгоњњои барќї бо иќтидорњои гуногун сохта ва мавриди истифода ќарор дода шудаанд. Дар Тољикистон бошад, вазъ ба куллї дигар аст. Дар тобистон миќдори об зиёд аст, энергияи зиёд њосил карда мешавад ва обе, ки боз њам изофа мемонад, бе истифода партофта мешавад. Дар зимистон бошад, баръакс, дарёњо камоб гардида, сатњи обанборњо паст мешавад, вале дар ин фасл эњтиёљот ба энергия меафзояд. Њамин тавр, агар як сикли пурраи кори НБГА ба таври шабонарўзї бошад, пас сикли пурраи истењсоли баризофаи энергия ва норасоии он дар кишвари мо солона (зимистон - тобистон) мебошад. Бинобар ин, дар Тољикистон сохтани нерўгоњњои гидроаккумулятсонї зарурат надорад ва аз назари иќтисодї њам ќобили ќабул нест, зеро он, якум, маблаѓњои калонро талаб мекунад ва дуввум, давоми сол фаќат дар фасли зимистон (3 - 4 моњ) кор карда, 8 - 9 моњ бекор меистад. Пешнињоде, ки мо дорем, нисбат ба сохтани НБГА ќатъан камхарљтар аст. Барои он ки оби изофа дар фасли тобистон бе истифода партофта наша-

вад, дар наздикии обанбори асосии нерўгоњ обанбори захиравї бунёд кардан зарур аст. Шарти асосї иборат аз он аст, ки сатњи поёнии обанбори захиравї аз сатњи болоии обанбори асосї бояд баланд бошад. Азбаски нерўгоњњои барќї дар Тољикистон, асосан дар кўњистон сохта шудаанд ва сохта хоњанд шуд, дар наздикии он мавзеи барои обанбори захиравї мувофиќ ёфтан мушкил нест. Ба сифати он пастхамие, ки аз чор тараф бо теппањо ињота шудааст, кўли табииро истифода бурдан ќулай аст. Обанборњои асосї ва захиравї бо ќубурњои обрав пайваст карда мешаванд. Дар фасли тобистон бо воситаи насосњо оби изофа ба обанбори болої кашида захира карда мешавад ва дар фасли зимистон ин захира бо роњи худљоришавї ба обанбори асосї партофта мешавад. Њамин тавр, барои амалї намудани ин пешнињод дар наздикии НБО сохтани обанбори захиравї, бо ќубурњо ба обанбори асосї пайваст намудани он ва шинонидани насосњои обкаш кифоя аст:

1. Обанбори асосї; 2. Сарбанд; 3. Ќубури обкаш; 4. Насосњо; 5. Обанбори захиравї; 6. Ќубури обпарто; 7. Бинои НБО. Албатта, барои сохтани ин иншоот низ маблаѓ зарур аст, вале дар муќоиса бо сохтмони НБГА маротибњо арзонтар мебошад. Зиёда аз он, њисобкунињои оддитарин нишон медињанд, ки маблаѓи сарфшуда дар муњлатњои кўтоњтарин баргардонида мешавад. Њамин тавр, мо пешнињод дорем, ки назди нерўгоњњои барќи обї бо маќсади дар боло зикршуда обанбори захираи об сохта шуда, минбаъд, њангоми сохтани нерўгоњи нав, дар лоињаи он чунин обанбори захираи об пешбинї карда шавад. Истифодаи захирањои обии барќ, яъне сохтани нерўгоњњои барќи обї њамчунин ба хеле кам

шудани партови газњои олудакунандаи муњити зист мусоидат мекунад. Маълум аст, ки дар кишварњои њамсоя, ѓайр аз Ќирѓизистон, нерўи барќ дар нерўгоњњои њароратї асосан бо истифода аз нафту газ истењсол мешавад, ки ба оќибатњои нохуши экологї меоварад. Ѓайр аз ин мувофиќи маълумотњои расмї захирањои нафту гази минтаќа, агар бо суръати имрўза сўхта шавад, њамагї барои 60 соли оянда кифоягї мекунанду халос. Бо тамом шудани ин захирањо зарурати гузаштан ба энергияи ангишт ва атом пеш меояд, ки аз назари экологї боз њам ифлостар ва аз назари амният хатароваранд. Њамин тавр, дурнамои наздиктарин ќатъї талаб менамояд, ки њарчи зудтар ба гидроэнергетика рў оварда шавад. Дар масъалаи пешнињоди мо бошад, дар хотима гуфтан кифоя аст, ки:

1. Дар Тољикистони имрўза дар фасли зимистон норасоии шадиди нерўи барќ мушоњида мешавад; 2. Сохтану ба истифода додани НБО - и "Роѓун" бо њар гуна сабабњои аз Тољикистон новобаста кашол ёфта истодааст; 3. Њамасола дар фасли тобистон, бо сабаби аз талабот изофа омадани оби дарёњо аз обанборњои нерўгоњњо барои аз шустаравї эмин доштани сарбанд миќдори изофаи об бе истифодаи он партофта мешавад (холостой сброс); 4. Бо дарназардошти хулосањои 1, 2 ва 3 пешнињод дорем, ки аз обанборњои захираи об истифода бурда, онњоро дар фасли тобистон аз оби изофа пур карда, дар фасли зимистон барои нигоњ доштани сатњи обанбори асосии нерўгоњ истифода бурда шавад. Абдусаттор ЃАФФОРОВ, дотсенти Донишкадаи иќтисод ва савдои Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, ш.Хуљанд


11

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

Хабар аз Русия Њафтаи гузашта дар чањорчўбаи фестивали "Аз ќалб ба ќалбњо"-и Федератсияи Русия бо ташаббуси ташкилоти љамъиятии "Дўстии миллати тољику рус" - и шањри Новокузнетск дар "Маркази фарњанг ва эљодиёт"-и шањр намоишгоњи њунарњои мардумии Љумњурии Тољикистон бо ширкати намояндагони Њукумати Тољикистон ифтитоњ ёфт. Дар он бештар аз 100 ашё, аз ќабили сарулибоси миллї, асбобњои мусиќї, китобњои адибони тољик бо њуруфоти форсї

«АЗ ЌАЛБ БА ЌАЛБЊО» ба намоиш гузошта шуд. Ташаббускорони фестивал асбобњои бостонии мардумиро муаррифї карда, ашъори классикони тољикро ќироат намуданд. Аз намоишгоњ сокинони шањр ва роњбарони воломаќоми он дидан карда, бо ѓановати фарњанги тољик шинос шуданд. Љамъияти тољикони шањри Новокузнетск бо ташаббус ва маслињати чанд њамватани мо Амирљон Ризоев, Имомуддин Сониев, Дарё Назаров ва дигарон барои дастги-

рии муњољирони мењнатии Тољикистон соли 1996 бо роњбарии Шавкат Тоњиров ташкил шуда, номи "Сомон"-ро гирифт. Соли 2006 ташкилоти љамъиятии мазкур "Дўстии миллати тољику рус" ном гирифт. Љамъият барои кўмак ба муњољирон љињати дарёфти љойи кору зист, њифзи манфиату њуќуќњои муњољирон, кўмак дар њолатњои нохушї ва бемор шудани онњо, барои аз байн нарафтани расму оинњои миллї, гузаронидани чорабинињои илмиву фарњангї амал мекунад. Бо дастгирии љамъият мактаб барои таълимомўзии фарзандони тољикон, бањри аз байн нарафтани забони тољикї ва омўзондани таърихи миллат ташкил карда шудааст. Љамъият ва тољикони ин минтаќа њ��масола дар ин шањр, љашнњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон, иди Рамазон ва Ќурбон, Наврўз, Вањдати миллии Тољикис тонро бо тантана љашн мегиранд. "Дўстии миллати тољику рус" бо маъмурият ва хадамоти муњољирати шањриву вилоятї ва љамъиятњои фарњангии дигар миллатњо робитаи дўстї ва њамкорї дорад. Шиносоии мардуми кишварњои дигар бо фарњанг ва таърихи халќи тољик њадафи аслии он аст.

Моњрухсори ЊАКИМ

Ба раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон муњтарам Нусратулло Абдуллоев

АРЗ

Ба Шумо бо умед ва ихлос бањри расидагї намудан ба мушкилоти ман мурољиат менамоям.

Аслан миллати ман тољик буда, дар ноњияи Бўстонлиќ, дењаи Боѓистони вилояти Тошканди Љумњурии Ўзбекистон таваллуд шудаам. Соли 1993 Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б. Ѓафуровро бо ихтисоси омўзгори фанни физика хатм намуда, ба шањрванди Љумњурии Тољикистон Назиров Мањмадназар Соњибназарович оиладор гардидам ва соли 1994 дар ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд зиндагї дорам. Ман модари чањор фарзанди ноболиѓ њастам. Шавњарам соли 2008-ум дар натиљаи сўиќасд ба њалокат расид. Айни њол директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 20-и ноњияи Мастчоњ, њамзамон узви Њизби Халќии Демократии Тољикистон мебошам. Духтаронам Фотима ва Зўњро Назирзода (хонандагони синфи 9-и мактаби тањсилоти миёнаи умумиии № 20-и ноњияи Мастчоњ), мунтазам дар мусобиќањои варзишї ширкат намуда, њардуяшон ду карат Чемпиони Тољикистон оид ба варзиши сабук мебошанд. Фарзандони дигарам: Малика ва Тоњирљон хонандагони њамин мактаб мебошанд. Муњтарам раис, ман бо сабабњои номаълум муддати тўлонист, ки шањрвандии Тољикистонро гирифта на-

метавонам. Аз ин рў, доимо ба мушкилот мувољењ шуда истодаам. Аз љумла, санаи 24. 09. 2013 бо њукми Суди ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд ман ба андозаи 1600 сомонї љарима ва њамзамон бояд аз Љумњурии Тољикистон ронда (депортатсия) мешудам. Ман, аз кишваре, ки бахти худро ёфтаву айни њол соњиби чањор ятими ноболиѓ њастам, ба куљо равам? Таќдири фарзандони ноболиѓи бепадари ман чї мешавад? Наход, барои як зани тољик, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машѓул аст, дар кишвари Тољикистон њаќќи зиндагї кардан набошад? Муњтарам раис, аз Шумо эњтиромона хоњиш менамоям, ки ба ман барои аз фарзандонам људо нашудан, ёрии амалии худро расонед.

Бо умед ва самимияту боварї Назирова Мадина Мирусмоновна, сокини шањраки Бўстони ноњияи Мастчоњ

ЧАРО ЊУЉЉАТЊОЯМ ГУМ ШУДАНД? Аз соли 2006 бањри тантанаи адолат дар ба дари маќомоти њифзи њуќуќ мегардам, то моликиятамро ба даст орам. Дар шумораи №721 (31 декабри соли 2009)и рўзномаи "Минбари халќ" номаи ман зери унвони "Даъво бо њуљљат мувофиќат намекунад" чоп шуда буд. Дар он навишта будам, ки Расулова Наботой (зодаи шањраки Узуни Љумњурии Ўзбекистон) 1 декабри соли 2003 дар хонаи бањсї (кўчаи Афзалии шањри Душанбе) ба ќайд гузошта, 13 декабр бо акои ман дар САЊШ ноњияи Роњи Оњан (Шоњмансур)-и шањри Душанбе аќди никоњ бастааст. Дар асл бародари марњумаи Имомалї Саидов 24 июли соли 1972 бо сокини љамоати Чорбоѓи ноњияи Ленин (њоло Варзоб)

аќди никоњи расмї дошта, он бекор карда шуда буд. Ман њайронам, ки чї гуна дар САЊШ-и ноњияи Шоњмансур бо Н. Расулова шањодатномаи аќди никоњ додаанд. Њол он ки дар моддаи 14-и Кодекси Оилаи Љумњурии Тољикистон таъкид шудааст, ки дар њолати дар никоњи дигар нафар будани яке аз никоњшавандагон аќди никоњ иљозат дода намешавад. Мањз сањлангории кормандони САЊШ сабаб шудааст, ки ман то њол моликияти худро аз Н. Расулова гирифта наметавонам. Бо хоњиши ман раиси Кумита оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадалї Ватанов маро ба њузур пазируфта, бо њуљљатњоям ошно шуданд. М. Ватанов ќазияро зери назорат гирифтанд. Чоруми октябри соли равон аризаи даъвогиамро ба шуъбаи умумии Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе супурдам.

М.Ватанов њафтаи сипаришуда, зимни баррасии ќазия гуфтанд, ки "аризаи даъвогиат дар Суди ноњияи Шоњмансур нест". Ман нусхаи аризаи даъвогиамро, ки бо имзо супурда будам, ба он кас нишон додам. Ин бори сеюм аст, ки њуљљатњои ман гум мешавад. "Дар бораи ду њолати ќаблии гумшавии њуљљатњоям, 18 июли соли љорї дар рўзномаи "Љавонони Тољикистон", зери унвони "Њуљљатњоям дар суд гум шуданд" навишта будам . Умед мекунам, ки Кумитаи оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии ЉТ ва Шўрои адлияи љумњурї сањлангорињои кормандони алоњидаи зинањои зертобеии худро мавриди баррасї ќарор дода, нињоят њаќро ба њаќдор мерасонанд.

У. САИДОВ, сокини кўчаи Њаёти Нави ш. Душанбе

10 ноябр - Рўзи милитсия таљлил гардид

ТУНДГАРОЁН ЗЕРИ НАЗОРАТАНД Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид намудаанд, ки "Мањаки асосии ислоњоти милитсияро бояд њамкории зичи маќомот бо љомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият, зимни пешгирии љинояткорї ва мубориза бо он, бояд аз имкониятњои ањли љомеа ва нињодњои љамъиятї васеъ истифода намуд". Барномаи Ислоњоти милитсия барои солњои 2013-2020 дар самти њамкорї бо љомеа, яке аз масъалањои умда ва асосї дар замони муосир арзёбї гардидааст. Бояд зикр намуд, ки самаранок ва натиљабахш амалї намудани њамкории милитсия бо ањолї, ин яке аз омилњои фароњам овардани фазои тоќатнопазирї дар љомеа бар зидди љинояткорї мебошад. Ба ќабул намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи иштироки шањрвандон дар таъмини тартиботи љамъиятї" чор сол сипарї мешавад. Ќонуни мазкур сариваќтї ва ба раванди љомеаи шањрвандї мусоидат намуда, њамчун ќутбнамо ба фаъолияти хизматии маќомоти милитсия дар самти кор бо љомеа такони нав бахшидааст. Оид ба иљрои талаботои ќонуни мазкур тайи ду соли охир бо ташаббусу дастгирии вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, генераллейтенанти милитсия Р. Рањимов дар самти њамкорї бо љомеа, кору фаъолияти назаррасу натиљабахш дар фаъолияти хизматии милитсия амалї гардидааст, ки тавассути васоити ахбори омма, барномањои телавизионї ва нишастњои матбуотї ба мардуми ќаламрави љумњурї дастрас мегардад. Бояд хотиррасон намуд, ки моњи октябри соли равон дар толори Вазорати корњои дохилї бо иштирок ва суханронии вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Р. Рањимов лоињаи Барномаи «Ислоњоти рушди милитсия барои солњои 2013-2020» мавриди баррасї ќарор гирифт. Дар баррасии масъалаи зикршуда намояндагони сафоратхонањои давлатњои хориљї дар Тољикистон, созмонњои баналмилалї, ташкилотњои њукуматї ва ѓайрињукуматї, сардорони раёсатњои Вазорати корњои дохилї иштирок ва андешаронї намуданд. Бештари баромадкунандагон дар самти њамкории маќомоти милитсия бо љомеа, хусусан барои такмили Барномаи зикршуда, пешнињодоти мушаххас ироа намуданд. Аз љумла, дар љараёни тањия намудани Консепсияи њамкории мутаќобилаи милитсия бо љомеа, њатман ба назари эътибор гирифтани манфиатњои миллї, иштироки намояндагони љомеа дар самти пешгирии гурўњњои љиноятпеша ва баррасии масъалањои бањсталаб, љалб намудани шањрвандон ба њифзи тартиботи љамъиятї, тањлил ва омўзиши мавзеи фаъолияти хизматї аз љониби кормандони милитсия ва мунтазам ба сокинони мањал фањмонидани вазъи љиноїоперативї ва ѓайрањо мебошад. Натиљаи омўзишу тањлил ва истифодаи таљрибаи маќомоти политсия дар кишварњои пешрафтаи љањони муосир, ба монанди соири давлатњои Амрико ва Аврупо дар самти њамкорї бо љомеа муайян гардидааст, ки дар оянда маќомоти милитсия наметавонад дар алоњидагї мушкилоти ба миён омадаро комилан њал намояд. Аз ин рў, зарурияти таъсис намудани Шўрои љамъиятї оид ба таъмини амният ва њифзи тартиботи љамъиятї дар назди кулли минтаќањои мављудбудаи милитсия ба миён омадааст.

Бояд хотирнишон намуд, ки ба Шўрои љамъиятї аз табаќањои гуногуни љомеа кормандон љалб карда шавад, то ки шаффофият дар фаъолияти хизматии маќомоти корњои дохилї зиёдтар эњсос карда шавад. Бо ташаббус ва супориши вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Р. Рањимов, меъёрњои бањодињї ба фаъолияти хизматї -њамкории маќомоти милитсия бо љомеа, тартиб дода шуда, бо забонњои давлатї, русї ва англисї тавассути сомонаи Вазорати корњои дохилї, њафтаномаи "Ќонун ва љомеа" нашр гардида, дастраси ањли љомеа гардидааст. Њамарўза дар сомонаи зикршуда тозатарин хабару маълумотњо оид ба самтњои "ковтуков", "шахсони гумшуда", "варзиш", "тамос", "фарњанг", "муносибатњои байналмилалї", "садамањои наќлиётї", "њамкории мутаќобила", "саволу љавоб" ва дигар хабару маълумотњои даќиќ нашр гардида, ба шаффофият, љалби љомеа ба њифзи тартиботи љамъиятї, ба фароњам овардани фазои зидди љинояткорї дар тафаккури љомеа такони нав мебахшад. Дар самти бахшњои "саволу љавоб" ва "тамос" беш аз 340 мурољиати шањрвандон ворид гардидааст, ки ба 307 пурсиши он љавобњои мушаххас гардонида шудааст. Ташаббуси дигари роњбарияти Вазорати корњои дохилї, ин роњандозии "Телефони боварї" аст, ки тайи ду сол боз фаъолият менамояд. Аз ибтидои таъсис, ба воситаи телефони "Боварї" беш аз 1148 адад мурољиати шањрвандон ворид гардидааст, ки тибќи онњо беш аз 91 љиноят ошкор ва 102 нафар кормандони масъули маќомоти корњои дохилї, барои вайрон намудани интизоми хизматї ба љавобгарии интизомї кашида шудаанд. Дар љараёни вохўриву мулоќот ва назарпурсињо бо табаќањои гугогуни ��омеа, дар шањру ноњияњои ќаламрави љумњурї дар мавзўи " Њамкорї бо љомеа" хеле хуб эњсос гардид, ки аксарияти шањрвандон бањри бештар решадор намудани сулњу субот, таъмини њифзи амнияти љомеа омодагии худро дар самти њамкорї бо кормандони маќомоти корњои дохилї изњор намуданд. Њамзамон, барои пиёда сохтани иќдомоти нек ва натиљабахш ба Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус, ба Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва роњбарияти Вазорати корњои дохилии кишвар миннатдорї ва арзи сипос намуданд. Кормандони маќомоти корњои дохилї хеле хуб дарк намудаанд, ки фароњам овардани фазои тоќатнопазирї дар тафаккури шањрвандон нисбати ќонуншиканї, љинояткорї, равияњои нопоки тундгарої ва терроризм яке аз омилњои асосии њамкорї бо љомеа буда, оид ба амалї намудани наќшаву чорабинињои пешбинигардида дар фаъолияти хизматии шабонарўзии худ аз шароиту воситањои мављудбудаи зарурї самаранок истифода менамоянд.

Љ. РАЊМАТОВ, мушовири калони вазири корњои дохилї


12

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

ФАРЊАНГ БА МУНОСИБАТИ 75 - СОЛАГИИ ЗОДРЎЗИ УСТОД БОЗОР СОБИР

Устуни замин тираки Файзобод аст, Аз дастаи сабзи тешаи Фарњод аст. (Бозор СОБИР). Тавсифи зодгоњ дар шеъри форсии тољикї суннати дерина дорад. Бахусус, Шайх Саъдї дар осораш њамвора аз зодгоњаш - Шероз ёд ва ситоиш менамояд. Ин намунањо муште аз хирворанд: Хоки Шероз њамеша гули хушбўй дињад, Лољарам булбули хушгўи дигар боз омад. Ва ё дар љойи дигар: Боди субњу хоки Шероз оташест, Њар киро дар вай гирифт, ором нест. Ситоишнома ва ёдкардњоеро, ки Соиб дар ѓазалњои бешумораш аз Исфањон кардааст, агар дар як љо љамъ биёварем, худ як љилд китоб хоњад шуд. Чунончи, шоир гуфта: Исфањон чашми љањон гар нест, Соиб, аз чї рў Сурма натвонист аз хоки шањидон бигзарад? Ё ин ки: Хуш он рўзе, ки манзил дар саводи Исфањон созам, Зи васфи Зиндарўдаш хомаро ратбуллисон созам. Устод Бозор Собир низ дар осораш њамвора аз Файзободу Сўфиёну Кабкрезу Элок ва бархе аз мавзеъњои дигар ёд ва ситоиш мекунад ва бад-ин тартиб ишќу алоќаи хешро ба зодгоњаш, ки як гўшаи Тољикистони бињиштосо мебошад, ба намоиш мегузорад. Тавре ки мо онро дар шеъри "Бо чамидан, бо чашидан…" боздид менамоем: Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад, Косањои чашмањоям чаппагардон мешавад. Байни кўрак монда меборад агар кўњи Мазор Хонањои чашмњоям мечакад беихтиёр… Шеъри устод Бозор аз вижагињои зиёд бархурдор аст. Яке аз вижагињои шеъри вай, ки ба гуфтори мо алоќа мегирад, иртибот ва наздик шудани ў ба муњити зисту таваљљуњаш ба гирду атрофи худ, яъне фазое, ки дар он таваллуд шудаву ба воя расидааст, мебошад. Дар ин њолат ба маврид аст, ки шоир дар даруни девонњо ѓўтта намехўрад, ба осори адибони гузаштаву муосири худ кам мурољиат менамояд, сайри андешаву маънї дар љањони шеъру шоирї намекунад, балки бештар ба мушоњидаву мулоњизаву сиголишу тафаккур ба муњити худ мепардозад, пиромуни худро бодиќќат аз пеши назар мегузаронад, хаёлоти худро зерў рў месозад, муњимтарин ва љолибтарин њодисаву рухдодњоро дар зењни хеш зинда мегардонад ва рўи сањфа мерезад. Хусусан, ба унсуру ашёе, ки ўро печонида гирифтааст ва фазои зиндагиаш аз тору пуди онњо танида шудааст, бештар мутаваљљењ мешавад, зеро вай бењтарин давраи зиндагии худро дар њамон муњити содда, аммо пур аз суолу љавобу розу рамз гузаронидааст. Албатта, барои устод Бозор ин муњит дења аст, дење, ки дар он љо хуни нофаш рехтааст, яъне ба дунё омадааст, дењае, ки Суфиён ном дорад ва воќеъ дар ноњияи Файзобод аст, Файзободе,

ТАВСИФИ ЗОДГОЊ ДАР ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР ки таърихи куњан дорад ва дар гузашта онро бо номи Вашгирд (Висагирд…) мешинохтанд, ном мебурданд ва машњур буд. Фирдавсї гуфта: Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд, Зи њар сў сипоњ андар овард гирд. Аммо устод Бозор Собир аз Файзобод, ки дар он љо чашм ба дунёи њастї кушодааст, на ба гунаи умумиву куллї, балки мушаххасу муфассал ва аз равзанањои мухт алиф ёд мекунад ва онро мавриди тасвир ќарор медињад. Масалан, ў дар шеъри " Бо чамидан, бо чашидан…", ки бахши аввали онро мо дар боло иќтибос кардем, аз аносир ва ашёву љою макон, назири боду кўраку кўњи Мазору боми беандоваю хонаќоњи кўњнаву гунљишкхонаву ваќти говгуму сурагардонию кўрхати кампирњову пуштањову т аллу т еппањо, ширдўшињои модару хум хуми хобовари ўю подаву мўру занбўру кању дона ва ѓайра, ки хоси дењоти тољик аст, ба гунаи шоирона ёд мекунад, њарф мезанад ва тавассути коркарди ин образњои ошно маънињои тозаву ноошно ва иљтимоиву таърихиву фалсафї ва тасвирњои дилпазиру диданиву шуниданиву хонданї халќ менамояд, ки зоњиран содда менамоянд, аммо хеле пурмазмуну пургунљоишу роз гуна мебошанд. Ба масал: Ман Ватанро соф бе шарњу баён фањмидаам, Аз пайи молу шамолаш рањравон фањмидаам. Ман ба ў вобастаам њам бо ќадам, њам бо ќалам, Подароњашро агар гум мекунам, гум мешавам. Мусаллам аст, ки аксари шоирону нависандагони мо рустої мебошанд. Устод Бозор низ шоири рустоист. Аз ин рў, њаёти дењот ва табиати асрорангезу рангини он дар ашъораш бештар матрањ шудааст. Ў дар бораи нуфузи шоирони рустої дар адабиётамон дар маќолаи "Дубора дасти њамдигарро гирифтем", ки аз муносиботи дўстона ва дидорбинї бо шоири зиндаёд Убайд Раљаб ихтисос мегирад, мегўяд: "Зимнан, дар Амрико њам боѓу боѓдорї ва меваю чева фаровон аст… Дар зери њар дарахти чормаѓз ѓарам - ѓарам чормаѓзи рехта мехобад ва ин њама мерезаду мепўсад, мепўсаду мерезад. Америкоињо ба мевае, ки "дизенфексия" нашуда бошад, даст намезананд, фаќат аз дўкону маѓозањо мехўранд, зеро аз табиат људо шудаанд. Ба њамин минвол, адабиёту санъату шеъру шоириашон низ, ва агар ањёнан шоире барояд, аз шањр мебарояд. Яъне баръакси мо, ки шоиру шеъру шоириамон ќариб батамом рустоист. Дар адабиёти њазору чандсолаи тољик шоири шањриро намедонем. Њанўз аз Душанбе шоири тавоное набаромадаст. Бар ин асос образњо, ташбењоту тасвирњои адабї ќариб њама "моли" дењкадањоанд. Убайд Раљаб мегўяд: Шаршара њусни дара, Њусни дара шаршара.

Рўзе, ки офтоб аст, Шаршара нуќратоб аст Монанди мўйи момом, Монанди риши бобом, Агарчи дар гуфтори устод Бозор андаке муболиѓа њам њаст, зеро шоироне, ки аз шањр дар гузашта баромадаанд, кам нестанд, балки хеле зиёданд, монанди Аттори Нишопурї, Саноии Ѓазнавї, Мавлавии Балхї, Хоќонии Шервонї, Шавкати Бухорої, Саъдиву Њофизу Урфию Ќоонии Шерозї ва дигарон. Аммо дар маљмўъ, гуфтаи устод дуруст аст ва аксари шуарову удабои мо аз рустоњо баромадаанд. Хусусан, дар асри гузашта, ваќте ки мо пойтахтњо ва шањрњои азизамонро аз даст додем, шањри тозабунёди Душанберо ба масобаи пойтахт баргузидем, шоироне ки аз пойтахт баромадаву шуњратманд шуда бошанд, надорем ва ё хеле кам дорем. Аз ин хотир, њаќ ба љониби устод Бозор аст, ки мегўяд: "Образњо ташбењоту тасвирњои адабї ќариб њама ќишлоќианд". Аз љумла, тасвиру ташбењоти худи устод њам, ки аз русто баромадааст, саршор аз образу тасвиру маъниву мазмунњоест, ки аз муњити дењот сарчашма мегиранд, зеро шоир то муњољират ба Амрико (ба љуз бархе аз кишварњои шўравї ва чанд мамлакати Шарќ) дигар сафаре накарда буд, яъне ў сирф як шоири сафаргаро набуд. Ин унвон, яъне "шоири сафаргаро" бештар ба устод М. Турсунзода мебарозад, ки ба бисёре аз ќитъањои олам сайру сафар карда буд, аммо устод Бозор ањли сафар набуд. Агарчи устод Бозор ањли сафар набуд, аммо пайваста дар хештан сафар мекард, ба вижа ба диёри кўдакї, њамон диёре, ки падарро бо аспаш гум карда буд: Дар гўшањои хотираи саргузашти ман, Балки дар он диёр, ки гум кардаам падар. Аспе њанўз медаваду медавад њанўз, Аспе, ки нест пас аз ин љуз оњи даргузар…

Ёдат ба хайр тифлии озоду бегуноњ, Ёдат ба хайр хонаи деринаи падар. Марде, ки рафт аз бари мо дар љавониаш, Хоњам, ки пир ояду боз ояд ў ба бар. Аз ин љињат, эљоди устод Бозор Собир бењтарин намунаи шеър дар ин мавзўъ аст. Мавзўи зодгоњ, ки ба Ватани худ иртибот мегирад ва дар айни замон муаррифи Ватани калон - Тољикистон њам мебошад. Воќеан, бе Ватани хурд, яъне зодгоњ, Ватани бузург нест ва баръакс. Ба њарфи дигар, Ватани хурду бузург ба њамдигар тавъаманд. Бинобар ин, агар шоири рус Михаил Матусовский оѓози Ватанро аз зодгоњ дониставу онро дар шеъри "Ибтидои Ватан чист?" ба намоиш гузошта бошад: С чего начинается Родина? С картинки в твоем букваре, С хороших и верных товаришей, Живуших и соседном дворе… С чего начинается Родина? С окошек, горяших вдали, Со старой отсовской будёновки, Что где - то в шкафу мы нашли… Ва шояд, шоири зиндаёд устод Лоиќ бо илњом аз шеъри боло гуфта бошад: Ватан сар мешавад аз гоњвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар. Ватан бењбудиву бењрўзии мост, Ватан хушномию фирўзии мост.

Ватан сар мешавад з - огарди дењќон, Зи "майдо"- њои хирманбодгарњо. Ватан сар мешавад аз бурдаи нон, Ки мо хўрдем аз хони падарњо. Ватан - дилљамъию озодии мост, Ватан хушбахтию ободии мост… Њељ љойи њайрат ва шигифтї њам надорад, зеро ин андешаро гўяндагони дигар низ тасдиќ ва таъйид намудаанд. Аз љумла, устод Мирсаид Миршакар гуфтааст: "Росташро гўям, барои ман ибтидои Ватани бузург аз он дењаи хурде сар мешавад, ки дар он љо нахустин бор чашм ба дунё кушода гап задан, ба кўча баромадан, бо њамсолонам бозї кардан, хубро аз бад фарќ кардан, бо ��аму шодии дўстонам шарик будан, дўст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам". Бинобар ин, ибтидои Ватани устод Бозор Собир низ аз дењаи Сўфиёни ноњияи Файзобод, ки зодгоњи шоир аст, шурўъ мешавад ва интињояш тамоми гўшаву канори Тољикистонро фаро мегирад ва тадої менамояд. Бад - ин маънї, вай дар шеъри "Ба хотири профессор Темур Собиров" мегўяд: То маро роњи хаёлаш бибарад аз паси ў, Дина шаб сўи ба сў аз пайи ёдаш будам. Чашм пуробу чу оташзада аз пушти сароб, Њама шаб кўи ба кў аз пайи ёдаш будам… Тўдаи абри равон буду дар он тўдаи абр Товасангони сафеду сияњи гўристон. Тўдаи абри равон буду дар он тўдаи абр Тали пурхору хаси дањкадаи Сўфиён…

Љамолиддин САИДЗОДА (идома дорад)


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

13

ФАРЊАНГ

Рўзгору осори Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї андаке пасонтар аз замони зиндагиаш аз љониби форсизабонон ва аз ибтидои садаи Х1Х аз тарафи аврупоиён мавриди пажўњиш ќарор гирифтааст. Забоншиносону адабиётшиносон, файласуфону муаррихони форсу тољик ва дунё пањлўњои гуногуни њаёту эљодиёти ўро ба риштаи пажўњиш кашидаанд, вале ин њама тадќиќу омўзиши мо ва љањониён дар нисбати маќому манзалат ва нубуѓи шоирии Устод Рўдакї кофї нест. Мебояд садњо бор бештару амиќтар аз ин зиндагию таълифоти устоди шоирони Аљам аз љониби тамоми ањли илму адаб, алалхусус, аз тарафи тољикон, ба таври шоиста омўхта шавад, зеро мо ворисон, фарзандон, њамдиёрон бар ин масъултарем. Тањќиќи Рўдакї дар Тољикистон кам нест, лек тавре зикр шуд, он ба андозае, ки сазад ва бояд бошад, нест. Бавижа, баъзе љанбањои осору рўзгори шоир, амсоли наќши ў дар тарѓиби ѓояњои миллї ва

арзишњои бузурги умумибашарї, аз љумла, аќидањои тањаммулпазирї, демократї… омўхта нашудаанд ё хеле кам таваљљуњи пажўњандагонро љалб кардаанд. Муаллифи ин сатрњо, аз ќабили он донишмандонест, ки ба эљодиёти устод Рўдакї бо назари нав менигарад. Дар рисолаю маќолањои мазкур- дар боби Рўдакї, ки мавсуф на танњо ба њайси як файласуф, њамчунин ба сифати донандаи хуби осори шоир таълиф намудааст, мудом як нуктаю андешаи нав ба мушоњида мерасаду аз сўйи хонандагону пажўњандагон мавриди истиќболи накў ќарор мегирад. Чунончи, китоби "Гунбади чарх аз суханаш пурсадост", ки њангоми дар вазифаи мушовири калони Президенти Љумњурии Тољикистон фаъолият доштан (солњои 1999-2008), нигошта буд, аз љониби ањли илм хуб пазируфта шуд. Маќолаи зер, ки пешкаши хонандаи арљманд мегардад, дорои нукоти љолибу тоза аст.

ОДАМУШШУАРО РЎДАКЇ ТАРАННУМГАРИ ОРМОНЊОИ МИЛЛЇ Њар гуна илм сабку услуб, методикаю методологияи хоси тањќиќи худро дорад ва олими њаќиќї онест, ки андешаву маълумоти илмиро молик бошаду талаботу ќавоиди пажўњиши илмиро риоя кунад ва бидуни ѓаразе ба манфиати шахсї, холис ва танњо барои илм тањќиќ кунад. Дареѓо, ки дар њама даврони таърихи илми башарї на њамаи уламо холисан, илмпажўњанда буданд, хоса дар илмњои гуманитарї ва боз њам фузунтар дар илмњои таъриху фалсафа ва забоншиносию адабиётшиносї. Зиёд воќеъ шудааст, ки тањќиќгарон дар улуми мазкур бо пайгирии манофеи шахсї ба тањриф ё ифрот роњ дода, аз њаќиќати илмї дур шудаанд. Ин падидаи ногуворро, бахусус, дар муносиботи муѓризонаи пантуркистону миллатгароёни узбек нисбат ба улуми таъриху забону адабиёти тољикон ва ё муносибати тундгароёни исломї ба илмњои номбурда, бешумор дидан мумкин аст. Олими асил илмро василаи тањсили суди шахсї њаргиз набояд ќарор бидињад. Донишпажўњи тољик, доктори илмњои филологї, профессор Субњони Амирзод (Амирќулов) аз зумраи онњоест, ки илмро мањз барои илм ва манофеи башарї тадќиќ мекунад. Ў пажўњандаест басо хушзавќу њушманд, њаќиќатнигору њаќбину жарфбину пухтакор. Осори илмии ў рољеъ ба Абўабдуллоњи Рўдакї, масоили шеъру шеършиносии Ањмади Дониш ва амсоли инњо бо сохтори ќавии илмї, корбурди фаровони мадорику маохиз, ќиёсу тањлилу таљзия дар миёни таълифоти илми адабиётшиносии тољик баландмаќому

Муњити зист

М

ОЯИ хушбахтист, ки сол ба сол симои пойтахти мо-шањри Душанбе зеботару назарработар мегардад. Бунёди иншооотњои муосиру замонавї зебоии онро рўзафзун мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар симои ин шањр доѓњое њам ба назар мерасанд, ки зебоии онро мекоњанд ва дар дили мењмонон њисси нороњатиро бедор мекунанд. Чунин "доѓњо" махсусан, дар гўшаву канори пойтахт бештар ба назар мерасанд. Манзури мо он партовгоњњое мебошанд, ки дар назди биноњои истиќоматї ва дигар маконњои љамъиятї мављуданд. Фарњанги шањрдорию шањрнишинї таќозо мекунад, ки

пурарзишанд. Тањќиќоти ў, бахусус марбут ба Одамушшуаро Рўдакї, бо тозакорињо, бо навсозию навёбињо арзандаи тањсин мебошад. Ин хасоисро дар њама офаридањои илмии олим марбут ба эљодиёти Рўдакї мушоњида кардан мумкин аст. Итминони кас ба ин гуфтањои мо, чунончи пас аз мутолиаи монографияи олим "Рўдакї -падидаи нодир ва љањонии тамаддуни ањди Сомониён" (Душанбе, 1999), ки љавњари илмияш басо ќавист, комил мешавад. Вале манзури мо ин љо танњо чанд њарфе гуфтан дар бобати маќолоти ў "Тасњифи шеъри Шањиди Балхї ва иштибоњ дар шинохти устод Рўдакї" (Маљаллаи "Адаб", шумораи № 3(18), 2011) ва "Авфии Бухорої ва шинохти устод Рўдакї" (Ахбори Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, №5, 2011) мебошад. Ин ва дигар таснифоти Субњони Амирзод на танњо дар шинохти рангњои маънавию ѓоявї ва соири љанбањои ашъори Рўдакии Панљрўдї аз лињози шаклу мазмун, њамчунин, дар бозёфту бозшинохти бисёр масъалањои илмии адабиёти ањди Сомониён судманд аст. Дар маќолоти мазкур олими нуктасанљ дар боби як "падидаи басо нодир ва сарнавиштсоз" барои мардуми эрониасл - расидани мардуми ориёнажоди Эронзамин ба истиќлоли комили миллї, авомили зуњури он, инъикоси он дар адабиёти форсии тољикї, бавижа ва беш аз њама дар эљодиёти гаронмояи устод Рўдакї ва чандин нукоти дигар дар ин иртибот, ки дар маљмўъ, мўљиби, "ба истилоњ дар илм, "Эњёи тољик" ё "Эњёи Аљам" шу-

даанд, ибрози андеша мекунад, ки ин андешањои ў љолиб, њаќиќатуласл ва илман ќавибунёданд. Ў барњаќ мегўяд, ки дар ањди салтанати Сомониён "мардуми соњибтамаддуни Мовароуннањру Хуросон ба истиќлоли комили миллї - истиќлоли давлатдории миллии аљдодї, истиќлоли маънавї ва забонї расиданд ва дар ин замина ба эњёи милливу маънавии ниёгон иќдом намуданд". Ана њамин нуктаро, яъне ба истиќлоли комили миллї молик гаштани халќи тољик ва бозтоби он дар осори адабї - адабиёти бадеиву илмии давр, нуузи ѓояњову ифтихороти миллї, камоли шуур ва мафкураи миллї, (ориёї, озоднажодї, тољикї) ва дар нињоят, зуњури шеъри миллиро дар ин давр (ки Рўдакї волотарин чакомасарои миллист), њарчанд ки ин кашшофї нест, дар навиштаи мухтасар бо далоили мантиќию собит сарењан нишон додан бурњони нуктасанљї, тамомиёрї, њаќиќатбинии ин муњаќќиќи фарохназари адабиёт мебошад. Њарчанд ки офтобро бо доман пўшида намешавад, бар покизагии ќатраи шабнам, бар сафедии шир ва амсоли инњо љойи шакку тардид нест, вале мудом афроди ноњаќбин дар њама даврон, чашм аз дидани њаќиќат пўшидаанд. Душманони нотавонбини тољикон, чи дар даврони Сомониёну моќаблаш ва чи дар ањди Шўравию замони муосир, тири хусумату туњмат, нафрату адоват ба сўяш партоб кардаанд, то ўро аз пой афтонанд, манзалаташро паст кунанд, забонашро, фарњангашро, давлаташро ба нестї баранд

ва сад њайфо, ки ин нопокниятон гоњо ќисман ба маќсадњои касифашон расидаанд: давлати абарќудрати Сомониён аз дасти туркону арабмаобњо барњам хўрд ва дар оѓози ќарни ХХ бо пофишорињои зиёд пантуркистону ўзбакгароњо хостанд ба таъсиси давлати тољикон дар њайати Иттињоди Шўравї монеъ шаванд. Хушо, ки фарњанги ќадимї, хиради азалї, адабиёти љањонї, забони ѓанї, илми лоязолї, озодагї, ифтихори миллии тољикон ба ѓосибони аљнабї, зулматтинатон, соњибмењанони хоин, рўњониёни љоњилу мутаассиб, њокимони ѓуломандеша аксаран ѓолиб омадааст.

Исомиддин САЛОЊИДДИНОВ, раиси Кумитаи иљроияи Анљумани тољикон ва форсизабонони љањон-"Пайванд"

(Давом дорад)

КАЙ ФАРЊАНГИ ШАЊРНИШИНИРО МЕОМЎЗЕМ? муњити атроф бояд њамеша тозаву муназзам ва зебо бошад.Фикр мекунем, ин нукта њољат ба тафсир надорад ва бояд назди њама сокинони пойтахт рўшан бошад. Аммо тавре аз мушоњидањо аён гардид, бархе сокинони пойтахт, ки дорои "фарњанги баланди шањрнишинї" мебошанд, густохона муњитро олуда мекунанд. Бештари партовгоњњо дар назди манзили зист ќарор доранд ва бўйи бади онњо дар

атроф пањн мешавад. Аз канори онњо њар даќиќа одамони зиёде мегузаранд ва аз он њаво бепарвоёна нафас мекашанд. Аз њама тааљљубовар ин аст, ки назди баъзе аз ин партовгоњњо ба бозигоњи кўдакон табдил ёфтааст. Рўзи онњо дар њамин гуна љойњо мегузарад ва табиист, ки дар назди партовгоњгоњ рўз гузаронидан ба саломатиашон бетаъсир нест. Замира Юнусова чандест, ки дар кўчаи Клара Сеткинаи ноњияи Фирдавсї (Гулистон) зиндагї мекунад. Вазъи партов ва партовгоњи кўча ўро хеле ба ташвиш овардааст. Ваќте мо партовгоњи ин кўчаро бо чашмони худ дидем, дурустии суханони ў собит гардид. Вазъи бади ин партовгоњ бешак, инсони зебоипарасту муттамаддинро бетараф намегузорад. Гарчанде барои партовњо ќуттињои калон гузошта шудаанд, вале азбаски он ќуттињоро сари ваќт холї намекунанд, мардум партовро дар гирду атроф мепартоянд. Замира Юнусова бо гиламандї чунин гуфт: "Муддати дароз партовњо пањну парешон ва бў гирифта меистанд, касе парво надорад. Сокинони кўча низ бепарвоёна омада ин љо партовњо-

яшонро мепартоянд ва фикр намекунанд, ки ин гуна муносибат бо партовгоњ боиси ифлосии муњит ва атроф мегардад". Чанд ќадам дуртар аз ин партовгоњ ошхонае мављуд аст, ки дари он аз субњ то шом боз мебошад. Бешубња,бўйи бади партовгоњ вориди он мешавад. Саволе ба миён меояд: Оё дар назди партовгоњи бетартиб љой доштани ошхона (тасаввур кунед, дар пойтахт) бо фарњанги шањрдорї мувофиќат мекунад? Мисоле, ки овардем, танњо муште аз хирвор мебошад. Дар баъзе кўчањои пойтахт айни њамин вазъиятро мушоњида кардан мумкин аст. Партовгоњњо дар номуносибатарин љойњо ќарор доранд ва сари ваќт холиву тоза карда намешаванд. Дар хусуси мавзеъи номуносиби ошхонањо мехоњем чанд сухан бигўйем. Баъзе ошхонањо дар мавзеъњое ќарор доранд, ки ба талаботњои одї љавобгў нестанд. Барои мисол ошхонањои назди бозори "Корвон"-ро мегирем. Дегњои оше, ки дар канори роњњо гузошта шудаанд, ростї хеле дилгиркунандаанд. Њазорон одамон аз назди он мегуза-

ранд, гарду ѓубори зиёде ба онњо медарояд ва тозагии онњо зери суол ќарор мегирад. Ошкоро бояд гуфт, ки мо њанўз фарњанги шањрнишиниро хуб наомўхтаем. Масъалаи партовгоњ одитарин масъалаест, ки бояд бидуни матрањ кардани мо њалли худро ёбад, зеро дар куљо партофтани партов ќонуни нонавиштаест. Дар ин самт шањрдорї корњои назаррасеро анљом додааст. Аммо ин масъала дар баъзе гўшањои пойтахт њамчунон њалношуда боќї мондааст. Раисони мањалла низ метавонанд дар њалли он сањм гузоранд. Танњо мебояд андаке масъулияти хобидаро бедор кард. Њадаф ин аст, ки симои шањри азизи мо-Душанбе бояд њарчи тозатару мубарротар гардад, зеро мењмонон дар симояш тамоми Тољикистонро мебинанд. …Шоми дирўз аз назди биное мегузаштам. Ногоњ аз ошёнаи баланде касе як сатил партовро ба поён партофт. Чунин аст маданияти шањрнишинии мо,-гуфтам ба дил.

Толиби ЛУЌМОН


14

Ў

Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

НУЌТАИ НАЗАР

РАФТОРИ ОЛУДА БО ХУШУНАТ

имрўз дар паноњи хољагони ѓаразљўяш паноњгоњ барои худ сохтаву муќаддасоти Ватанро зери њаќорат ќарор медињад, аз пешрафту рушди кишвар ангушти њасад мегазад. Ин њама атвору рафтори олуда бо хушунати ў магар басанда нест, ки боз мегўянд, ки модари ў аз чунин фарзанд пуштибонї кардаву ифтихор дорад. Набояд фаромўш кард, ки "На њар зан зан бувад, њар зода фарзанд". Ва набояд чунин амалкарди хилофи фарзанд, ифтихори модар гардад. Ифтихори модар фарзандони дар рўњияи ватандўстї тарбияёфтаанд, ки бањри ободиву дифоъ аз марзу буми Ватани хеш кори хайреро ба анљом мерасонанд. Ва шукронаи Парвардигор, ки имрўз чунин модар манам ва месазад бо фарзандонам, ки дар сохторњои низомиву интизомї ва амниятии кишвар фаъолият доранд, ифтихор намоям. Ифтихор аз он дорам, ки чањор нафар аз љигарбандам њомии воќеии марзу буми кишвар ва мардуманд. Шавњарам низ, ки аз нисф зиёди умрашро сарфи таъмини амнияти мардум кардааст, имрўз дар ќатори љигарбандонам фаъолияти низомї пеш мебарад. Агар собиќаи кории шавњараму фарзандонамро дар якљоягї њисоб намоем, он 79 соли пурраро ташкил медињад. Дар ин муддат боре њам надидаву нашунидаам, ки шавњарам аз манса-

Додољон Атовуллоев, ки худро демократу њаќгўю њаќбин шумурда, тавассути баромадњои телевизиониаш нисбат ба хоку оби диёр бадгўйї мекунад, аз зумраи чунин ношукру намакзадањост. бу вазифаи худ сўйистифода ва ё манфиатљўї карда бошад. Ифтихор аз он дорам, ки шавњарам дар бозпас гардонидани гурезагони тољик аз Љумњурии Исломии Афѓонистон ва таъмини сулњу истиќрор дар кишвар сањм гузоштаанд. Инро метавон ифтихори он модари бузурге донист, ки чунин фарзанди барўманду љасур ба воя расонидааст. Аз рўзњои нахустин, ки фарзандонам якеаш мактаби милисаву дигар мактаби амнияту риштањои низомиро хатм намуда, соњибкасб гаштанд, дуои некашон додам, то таљрибаи ѓании доштаи падарро сарчашмаи кор ќарор дињанд, ватанпарвару мардумдўсту некхоњ бошанд. Мањз насињату дуои волидайн ва таљрибаи рўзгор буд, ки фарзандони содиќу сарсупурдаам дар муддати хеле кўтоњ афсарњои соњибном гаштанд. Шукрона, ки њар сол љашни касбї-рўзи милисаву артишу амнияту рўзи марзбонон ва гвардияи миллиро љашн мегирам. Гирди дастурхони идона барои њар яке туњфае омада мекунам, њар якеро ба оѓўш гирифта дуои некашон медињам, то ба Ватану миллат содиќ бимонанд.

Як лањза њељ аз гўшам хотирам фаромўш намегардад. Як нафар аз фарзандонам, ки дар нерўњои сарњадї адои вазифа мекунад, аз тариќи телефони мобилї СМС-ам равон карда, дар он ду мисраъ шеър навишта буд: Њама сар ба сар тан ба куштан дињем, Аз он бењ, ки кишвар ба душман дињем. Аз чунин андешањои ватандўстонаи фарзандам ифтихори модариам бештар гашту дар посух чунин навиштам: - Худованд ту ва њамроњонат, кишварро нигањбон бошад! Ростї, бароям ифтихор аст, ваќте фарзандонам аз боби ватану ватандорї ва муњаббати хеш нисбат ба Ватан сухан мегўянд. Бо сари баланд изњор медорам, ки ман модари сарбаландам, фарзандони баркамол дорам ва онњо пайи таъмини амнияту осоиштагии мардум саъю талош мекунанд. Аз он ки Додољон Атовуллоев ва дигар атрофиёнаш аз кадом як "ифтихороти миллї" сухан мегўянд, нафрати кас меояд. Набояд фаромўш кард,

ки њар кї нисбат ба халќу миллати худ ва муќаддасоти миллат бадгўї мекунад, бидуни њама гуна шубња, ба ѓазаби Худо гирифтор мешавад. Имрўз воќеан њам Додољон Атовуллоев ватангумкардаву нињоят ташнаи љоњу мансаб ба ѓазаби Худо гирифтор аст. Фарзанди нохалаф парвои модар њам надорад. Забонам намегардад, ки њарфи нољое дар њаќќи ин модар гўям. Зеро њељ модаре бадбахтии фарзандашро намехоњад. Бо амалњои нангини худ Д. Атовуллоев модару пайвандонашро дар њолати ногувор гу зоштаас т. Аммо х уди Д. Атовуллоев амсоли ашхоси нодонест, ки њатто, назди љўйи равон њам ташнаву ноком аст. Аз он ки Додољон Атовуллоеву чанде аз њамкосаву њамсоѓаронаш дар

њаќќи Сарвари давлату мењану кишвар бадгўйї мекунанд, набояд дилшикаставу рўњафтода ва маъюс шуд, зеро, шоири тавоное фармуда: Санги бадгавњар агар косаи заррин шиканад, Ќиммати санг наафзояду зар кам нашавад.

Ин ашхос амсоли кирмњоеанд, ки мехоњанд нињоли пурбореро ос еб расонанд, вале фаромўш кардаанд, ки оќибат худро низ хўрда нобуд месозанд.

Латофат АШРАПОВА, сокини шањри Душанбе

Љараёни ислоњоти замин Дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, ки аз минтаќањои нисбатан камзамини љумњурї мебошад, њар як порчаи замин ќадри баланд дорад. Мардуми ин љо аз ќадимулайём то имрўз бар он мекўшанд, ки њар як ваљаб заминро самаранок истифода баранд. Бењуда нест, ки барои замини нав кушодан дар доманаи кўњњо ва љойњои санглох одамон аз дурињо хок мекашонанду онро кишт карда, њосил мерўёнанд. Дар ин гуна шароит азнавташкилдињии хољагињо ва рўёндани њосили фаровон ањамияти хос дорад. Бо маќсади ба дењќонон дар асоси сањм таќсим кардани замин дар вилоят ба ислоњоти замин ва дигар кардани шаклњои хољагидорї эътибори махсус медињанд. Роњбарият ва маќомоти заминсозии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва њар як ноњия бањри таљдиди хољагињои калони љамоавї ва коллективї чорабинї намуда, дар заминаи онњо хољагињои хурди дењќонии инфиродию оилавї ташкил медињанд. Теъдоди хољагињои дењќонї имрўз дар вилоят бештар аз 13 њазор адад аст. Бояд ќайд кард, ки дар вилоят барои тезондани ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї дар баробари кумитањои заминсозї Маркази кадастри замини минтаќаи Бадахшони Муассисаи "Маркази татбиќи лоињаи баќайдгирї ва системаи кадастри замин" низ сањми калон мегузоранд. - Мо бањри иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тадбирњои иловагї оид ба азнавташкилдињї ва ислоњоти ташки-

АЗНАВТАШКИЛДИЊИИ ХОЉАГИЊО ДАР БАДАХШОН ВУСЪАТ МЕЁБАД лотњои кишоварзї", аз 30 июни соли 2006, тањти раќами 1775 ва љињати татбиќи амалии њадафњои Лоиња аз њамаи имкониятњо истифода мебарем,- гуфт директори Маркази кадастри замини минтаќаи Бадахшон А.Абдулмаљидов. - Дар масъалаи азнавташкилдињии хољагињо роњбарияти вилоят моро њамаљониба дастгирї менамояд ва Маркази мо бо маќомоти мањаллии њокимияти давлатї њамкории доимї дорад. Барои пешрафти корњо дар соли равон мо гурўњњои тарѓиботї ташкил намуда, бо дењќонони хољагињои калони коллективии тањти ислоњот ќарордошта вомехўрем ва моњияти азнавташкилдињиро мефањмонем. Инчунин, аз љониби Маркази татбиќи Лоиња љињати фањмондадињї корњои зиёди иттилоотию маърифатї гузаронида шуданд. Натиљаи корњои фањмондадињї буд, ки худи њамин сол оид ба ташкили хољагии дењќонии оилавию инфиродї ба Маркази мо 4397 ариза аз сањмдорони хољагињои "Шоњтемур", "Иттифоќ", "Тољикистон" ва "Мењнат"-и ноњияи Шуѓнон (1843 ариза), аз хољагињои "Вознавд", "Нур" ва Муминшои ноњияи Рўшон (485 ариза), аз хољагињои ба номи Боќиев, Муллоимбеков, Ленин, "Њаёти нав" ва чанд хољагии дигари ноњияи Ишкошим (2086 ариза) ворид гардид. Мутахассисони мо аризањоро баррасї намуда, оид ба њар яки он парванда омода менамоянд. Хуллас, њамаи корњои техникии вобаста ба ташкили хољагии дењќониро то ба сарвари он супоридани Сертификати њуќуќи истифодаи замин иљро карда мешавад. Ислоњоти замин ва хољагидорї њамкории маќомоти гуногунро таќозо менамояд. Бо маќсади барќарор кардани њамкории пайваста бо роњбарони ноњияњо, маќомоти заминсозї ва кишоварзї Маркази кадаст-

ри замини минтаќаи Бадахшон борњо бо онњо вохўрда, љињати таљдиди хољагињо наќшаи корро мувофиќа менамояд. - Рости гап, дар вилоят моро дастгирї менамоянд, - изњор дошт А. Абдумаљидов,-вале гоњо бинобар роњ ёфтани хатоњо дар кори комиссияњои азнавташкилдињї баррасии парвандањои заминсозї тўл мекашад. Новобаста аз ин, мо кўшиш манамоем, ки баррасии парвандањо зудтар анљом дода шавад. Аз ин хотир, барои њалли нофањмињо бо маќомоти дахлдор ва комиссияњои ноњиявї оид ба азнавташкилдињии хољагињо пайваста кор мебарем. Натиљаи њамкорињо аст, ки дар давоми нуњ моњи соли равон Марказ тавонист, 2126 адад хољагии дењќонї ташкил карда, онњоро бо Сертификати њуќуќи истифодаи замин таъмин намояд. Бояд хотиррасон кард, ки Маркази кадастри замини минтаќаи Бадахшон аз соли 2007 ба фаъолият оѓоз намуда, то имрўз дар ноњияњои Шу ѓнон-5496 адад, Рўшон-3284 адад, Ванљ-1751 адад ва дар ноњияи Дарвоз- 408 адад хољагии дењќонии инфиродї ва оилавї ташкил кардааст. Дар маљмўъ, кормандони ин марказ тавонистанд дар ташкил кардани 11 њазору 142 хољагї сањми хешро гузоранд. Њоло мутахассисони Марказ ба гурўњњо људо шуда, корњои сањроии хољагињои таљдидшавандаи "Њаќиќат" ва "Вахон"-и ноњияи Ишкошимро оѓоз намуданд. Инњо хољагињои дурдаст мебошанд ва лозим аст, ки то мавсими сармо корњои сањрої дар ин мавзеъ ба охир расонда шавад. -Сањми замини ман чандон зиёд нест, -мегўяд сокини љамоати дењоти Сучони ноњияи Шуѓнон Абдулло Сарабеков. -Он њамагї 0,69 гектарро ташкил медињад. Сањми ман аз

замини хољагии коллективии "Мењнат" аст. Соли гузашта бо ёрии мутахассисони Маркази кадастри замини Бадахшон хољагии дењќонии худро ташкил кардам. Ба онњо рањмат мегўям, ки ба мо ба таври ройгон кўмак расонданд. Акнун ман соњиби хољагии худ њастам. Дар заминњои мо њамагї як бор њосил рўёнда мешавад. Барои њамин мо кўшиш мекунем, ки њар як зироатро сариваќт кишт ва коркард кунем, набошад њосили зиёд гирифтан мушкил. Масалан, ман асосан барои таъмини оилаи худ картошка, сабзї ва пиёз кишт мекунам. Имсол њосилнокї нагз шуд. Як ќисмашро ба бозор мебарорем. Барои њосили оянда аз имрўз замина мегузорем. Сарвари хољагии дењќонии «Ислом» Исломов Исломшо аз ноњияи Рўшон аз њисоби сањмаш хољагии дењќонї ташкил кардааст: - Ташкил кардани хољагии дењќонї корест масъулиятнок. Хољагии мо аз 1,21 гектар замин иборат аст. Як гектарашро боѓ ташкил медињад. Замини боќимонда барои кишт аст. Албатта, мо барои аз боѓ гирифтани њосили бештар аз њамаи имкониятњо истифода мебарем. Ман хеле миннатдорам, ки Њукумати љумњурї ба мо сокинони дењот дасти мадад дароз кардааст ва ба таври ройгон ба мо Сертификати њуќуќи истифодаи замин доданд. Зањмати кормандони Маркази кадастри замини Бадахшонро мо ба хубї мефањмем ва аз онњо миннатдорем. Дар баробари азнавташкилдињии хољагињо ва ташкил кардани хољагињои дењќонии оилавию инфиродї дењќонон бо мушкилот низ рў ба рў гардидаанд. - Сањми замини ман њамагї 0,06 гектарро ташкил медињад. Ман њам хољагии дењќонї ташкил кардам, аммо дар шароити кўњистони мо аз

ин миќдор замин чї ќадар њосил гирифтан мумкин? Маълум, ки аз замини кам њосили зиёд рўёнда намешавад. Дар баробари ин, мо њар моњ андози њифзи иљтимої месупорем. Тасаввур кунед, ман њар сол 120 сомонї бояд чунин андоз супорам. Мефањмам, ки супоридани андоз шарт аст, аммо дар як сол ман оё метавонам аз замини хурдакак њамин маблаѓро ба даст оварам? Хеле душвор аст. Дар мо хољагињое њастанд, ки заминашон 0,03 гектар аст. Онњо низ бояд андози замин, андози њифзи иљтимої супоранд. Маълум, ки дар шароити кўњистони мо агар замин аз 0,20 гектар кам бошад, хољагї фоидае намегирад. Танњо барои ќисман ќонеъ кардани талаботи оила мањсулот рўёндан мумкин асту халос. Пас андозро аз кадом њисоб супорем? Бе ин њам дар мо љои корї нест, аксари љавонон ба муњољирати мењнатї мераванд. Дар чунин шароит мо њам зарар мебинем. Аз њамин сабаб хоњиш доштам, ки андози њифзи иљтимоиро барои навоњии камзамини кўњистон бори дигар баррасї кунанду ба мо имтиёз дињанд. Дар њаќиќат, масъалаи пардохти андози њифзи иљтимої мушкилоти љиддие гаштааст- барои хољагињои дењќонии оилавї ва инфиродие, ки замини хеле кам доранд. Ин на танњо мушкилоти аксар хољагињои Бадахшон, балки навоњии дигари кўњистон низ мебошад. Хуб мешуд, меъёри андози њифзи иљтимої барои хољагињои хурди навоњии кўњистон бори дигар дида баромада шуда, ба хољагињои нисбатан камзамин имтиёз дода мешуд. Ин яке аз роњњои дастгирии сокинони камбизоати дењот буда, дар паст гардидани сатњи камбизоатї наќши муайяне хоњад дошт.

М. ЌУРБОНОВА


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

15


Минбари халќ 14 ноябри соли 2013 №46 (921)

16 15 НОЯБР - РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРКАРДИ ДУБОРА

КОРКАРДИ ДУБОРАИ МАЊСУЛОТ

ВА ИСТИФОДАИ ПАРТОВ Мувофиќи иттилои Бонки Аврупоии Таљдид ва Рушд, бонки мазкур маќсад дорад, ки барои бењтар намудани системаи идоракунии партовњои маишї дар шањри Турсунзода 4 миллион доллар људо намояд. Хољагии манзилию коммуналии ин шањри дорои 50 њазор нафар ањолї, бо ин маблаѓ «полигон»-и партовњои маиширо таљдид намуда, барои љамъоварї ва кашонидани партовњои маишї техникаву таљњизоти нав харидорї хоњад кард.

И

МРЎЗ дар т амоми кишварњо масъалаи сариваќт љамъоварї ва аз шањрњо берун бурдани партов яке аз муњимтарин вазифањо ба шумор меравад. Зеро андаке таъхир дар кашонидани партовњо боиси ифлосу бадбўйшавии њаво, афзоиши пашшаву хомўшак ва мушу калламушњо гардида, сабабгори норозигии ањолї мешавад. Аз тарафи дигар камшавии захирањои табиї боиси рў овардани кишварњои мутараќќї ба коркарду истифодаи такрории партов гардидааст. Партовро оќилонаву безарар тоза намудан ва аз њама бењтараш дубора кор кардан лозим аст. Барои амалї намудани ин наќша сохторњои давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо, љамъиятњои дўстдорони табиат ва њар шахси солимаќл бояд њисса гузоранд. Аз рўи маълумоти омор тайи 30 соли охир ањолии сайёра аз се як њиссаи захирањои табиии заминро истифода бурдаанд. Њамасола истифодаи захирањои табиї боз 1,5 фоиз зиёд мешавад. Аз ин рў, сарфакорона истифода бурдани за-

хирањои табиї, коркарди дубораи мањсулот ва истифодаи партов ањамияти бештар пайдо мекунад. Њамасола дар љањон 15 ноябр њамчун Рўзи байналмилалии коркарди дубора таљлил мегардад. Њадаф аз баргузории ин љашн љалби љомеа ва сохторњои саноатї ба ин мавзўъ мебошад. Зеро дар оѓози садсола ањолии замин нисбат ба оѓози асри гузашта 4 маротиба зиёд гардид. Њаљми истењсоли саноат 20 маротиба афзуд. Аммо технологияи муосир њанўз имкони пурра тозашавии об ва њаворо намедињад. Ба њисоби миёна имрўз дар партовгоњњои дунё таќрибан 80 миллиард тонна партов љамъ шудааст. Кўњи партов сол то сол меафзояд, чунки њамагї аз се як њиссаи мањсулоти зиёдатї (партов, нодаркор) дубора коркард мешавад. Сол то сол ањолї бештар техникаи корношоями рўзгор,

чархи мошинњо, картону зарфњои пластикиро ба партовгоњ мепартоянд. "Њаёти дубора" бахшидан ба партовњо боиси сарфакунии ашё ва энергия хоњад гашт. Имрўз дар бисёр кишварњо коѓазпора, картон, шиша, мебел, таљњизоти барќии корношоям дубора коркард мешаванд. Коркарди партов имрўз яке аз соњањои зудрушдёбандаи саноати ИМА ба шумор меравад. Дар ин кишвари абарќудрат аз овони мактабї шањрвандонро ба муносибати оќилона бо партов даъват мекунанд. Аз ин рў, њар як амрикої медонад, ки партовро чї гуна ба навъњо људо карда, ба контейнер мефиристанду аз вай чї истењсол мекунанд. Дар љумњурии мо вобаста ба ифлос накардани кўчаву хиёбонњо ва партофтани партов ба ќуттињои махсус корњои зиёд бурда мешавад, ки партовро ба љўю дарё ва ё канори роњ партофта, табъи мардумро хира месозанд. Партофтани партов ба ќуттињои махсус ин ќадами аввал дар маданиятнокии инсон аст. Ќадами дую м ба навъњо људокунии партов ва ќадами сеюм коркарди партов ва аз он истењсол намудани мањсулоти зарурї мебошад. Дар кишварњои пешрафта ба хотири

дастгирии истењсолкунандагон мардум мањсулотеро, ки навиштаљоти "Аз партов истењсол шудааст" дорад, бештар мехаранд. Банкањои алюминий ягона зарфе мебошанд, ки ќобилияти истифодаю коркарди бисёркаратаро доранд. Алюминий масолењест, ки љамъоварии он нисбат ба дигар зарфњо 20 маротиба бештар даромад медињад. Ин фулузот харољоти љамъоварию коркарди дубораашро ба зудї мебарорад. Агар дар ИМА њар шахс зарфи алюминийи истифодашудаашро барои коркарди такрорї супорад, соле энергияи баробари 30 миллион баррел нефт сарфа мешавад. Њам њаво тоза мешаваду њам миллионњо доллар захира мегардад. Љамъоварии коѓазпора ва истифодаи такрории он њазорњо гектар љангалро аз буридан эмин нигоњ медорад. Дар Ѓарб маќоле њаст: "Сарватмандон барои он сарватманданд, ки ба харољоти бењуда роњ надода, сарфа мекунанд". Дар њаќиќат, яке аз роњњои сарватмандшавї сарфаю сариштакорист. Имрўз, ки захираи нефту газ ва маъдани металлњои ранга торафт кам мешавад, коркарди дубора роњи пурракунї (пўшонидани) ин камчинист. Барои ноил шудан ба ин њадаф истифода аз таљрибаи замони Иттињоди Шўравї хеле зарурист. Дар он давра ќабули зарфњои шишагин, љамъоварии коѓазпораю оњанпора хеле хуб ба роњ монда шуда буд. Мактабу муассисањои гуногун муташаккилона дар ин чорабинињо иштирок мекарданд. Эњёи ин тарзи корбарї ба нафъи тамоми љомеа хоњад буд. Яке аз партовњое, ки "дарди сар"-и идорањои хољагии манзилию коммуналї гаштааст, зарфњову мањсулоти пластикї мебошад. Дар Федератсияи Русия барин кишвар њамагї 5-7 фоизи мањсулоти пластикї дубора коркард мешавад. Боќимонда мањсулоти пластикї солњо нопўсида монда, торафт масоњати бештарро ишѓол мекунанд. Ширкати "ALPHAKAT"-и Олмон таљњизоти нодири КСД-500 истењсол мекунад, ки барои коркарди партов муайян шудааст. Тавассути ин таљњизот аз маснуоти резинї, пластмасс, устухон ва дигар партовњои маишї маводи сўхт (солярка) истењсол мешавад. Як таљњизот метавонад дар як соат 500 литр партовро ба соляркаи биологї табдил дода, муњитро аз ифлосшавии дарозмуддат нигоњ дорад. Хуб мешуд, ки таљлили Рўзи байналмилалии коркарди дубора дар љумњурии мо дастгирии васеъ ёбаду ањли љомеа муносибаташро бо партов ба таври мусбат таѓйир дињад.

Шамс НАЗАРОВ, корманди Кумитаи њифзи муњити зист

Рўзнома моњи декабри соли 1994 тањти раќами 309 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

ГАЛЕГА-НОВА - ФИТОМАЉМЎИ НАВ БАР ЗИДДИ ДИАБЕТИ ЌАНД! Корхонаи илмї - тадќиќотии Руссия воситаи универсалии босамареро дар шакли хурўшањо бо номи "Галега-нова" коркард намудааст. -ГАЛЕГА-НОВА барои табобати бемории диабети ќанди навъњои 1-2 ва пайтаъсирњо (осложнение)-и он; -таъсири диабети ќанд ба чашмон, гурдањо, пойњо; -шаклњои гуногуни фарбењї, бемории варикозї истифода бурда мешавад. -Шахсони бо инсулин вобастањам метавонанд истифода баранд. -Сатњи глюкоза ва холестеринро дар хун паст мекунад. Њангоми истифодаи ГАЛЕГА-НОВА метавонед доруњои кимиёвїро ба маротиб истеъмолашро кам намоед. Истеъмол: дар як рўз 3 бор 1-ќошуќчагї 20 даќиќа пеш аз хўрок дар 100 мл об омехта нўшед. Тел.: 927493347 (ш. Душанбе);, 988 80 88 85 (вил. Суѓд ва ноњияњои он). БА НОМГЎИ "100 МАЊСУЛОТИ БЕЊТАРИНИ РУССИЯ" ДОХИЛ ШУДААСТ. АЗ ДОРУХОНАЊО ХАРИДОРЇ НАМОЕД! (Нархаш 40 сомонї).

ПЛОСКИЙ ЖИВОТ (Шиками њамвор) БАРОИ ОНЊОЕ, КИ ФАРБЕЊИИ ШИКАМАШОНРО ЊАМВОРУ ЗЕБО НИГОЊ ДОШТАН МЕХОЊАНД ! -Мутаносибан барои ислоњи ќаду ќомат мусоидат намуда, мубодилаи равѓан ва карбогидратњоро ба танзим медарорад; -Ба коњиш додани љабидашавии равѓан дар меъда таъсир намуда, бар зидди фарбењшавї ва вазни зиёдатї истифода мешавад; -Кори узвњои њозимаро бењ гардонда бо таъсири антитоксикї мубодилаи модањоро дар меъда ба танзим медарорад. ИСТИФОДА: ба марду зан 1 њаб рўзе 1-2 бор њангоми хўрок. Шакли барориш: №50 њаб Истењсолкунанда Индонезия. Нархаш: 45с. Тел: Душанбе 95-178-85-08, в. Суѓд ва ноњияњои он 927-49-33-47

АЗ ДОРУХОНАЊОИ ШАЊР ПУРСОН ШАВЕД!

ПРОСТАДОНТ -ТАЪСИРНОКИАШРО ВАЌТ ИСБОТ КАРДААСТ! 11 УНСУРИ ШИФОБАХШИ ТАБИИИ ОН ТАЪСИРИ ЗИДДИИЛТИЊОБЇ ВА АНТИСЕПТИКИИ БАРЪАЛО ДОРАД. Дар њолатњои зерин истифода мешавад: -простатитњои шадид ва бардавом; -гипертрофия ва аденомаи ѓадуди простата; -атонияи ѓадуди простата дар пасманзари простатити бардавом; -беморињои гурда ва мезакдон; -майли љинсиро зиёд, боњро бењ ва нутфарезии бармањалро хеле камтар мекунад; -диурезро афзоиш медињад, тамоми љисмро боќувват месозад. Истеъмол: 30-рўз, 1-ќошуќчагї, 4-бор дар як рўз бо 100 мл. об 30 даќиќа пеш аз хўрок. Раќами ќайд №001556. (Нархаш 40 сомонї).

АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД! БАРЊАМ МЕХЎРАД Кооперативи истењсолии "Давлати Бї"-и ноњияи Балљувон фаъолияти худро ќатъ менамояд. Њама гуна арзу шикоятњо муддати 2 моњ ќабул карда мешаванд. *** Соњибкори инфиродї Мањмадалиев Файзалї, ки бо шањодатномаи №0012759, РЯМ - 2730003852, ки дар нозироти Андози ноњияи Балљувон ба ќайд гирифта шудааст, фаъолияти худро ќатъ менамояд. *** Кооперативи истењсолии "Амирњамза"-и ноњияи Балљувон фаъолияти худро ќатъ менамояд. Њама гуна арзу шикоятњо муддати 2 моњ ќабул карда мешаванд. *** ЉДММ "Зафар 1982" раќами шањодатномаи баќайдгирї 0132952, РЯМ 1210000679, РМА 120033109, ки дар Нозироти андози ноњияи Рўдакї ба ќайд гирифта шудааст, фаъолияташро ќатъ мекунад. ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи техникии хонаи истиќоматии Камолова Кароматхон, воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Айнї, бинои 8, квартираи 15 бо сабаби гум шуданаш, эътибор надорад. *** Аттестати силсилаи Т-ШТУ №0616294, ки онро соли 2013 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №54-и шањри Душанбе ба Иброњимов Фирдавс Рањмонович додааст, эътибор надорад. *** Шиносномаи силсилаи А 7138545, ки онро 12 октябри соли 2012 ШММ Сарвода ШКД ноњияи Айнї ба Давлатова Моњљабин Шодиевна додааст, бино ба сабаби гум шуданаш, беэътибор дониста шавад. *** Патенти №0165627,РЯМ 315117895, РМА, 0330118406, ки онро Нозироти андози ноњияи Фирдавсї ба Аймаќов Чут Фозилович додааст, эътибор надорад. *** Шартномаи хариду фурўши манзил, воќеъ дар суроѓаи шањри Душанбе, кўчаи Титов бинои 30/2, хонаи 42, ки ба шањрванд Мирзоева Мавлуда Искандаровна тааллуќ дорад ва онро Нотариуси давлатии ноњияи Роњи оњан (њоло ноњияи Шоњмансур) аз 9 апрели соли 2001 тањти раќами 9Д-I 86 ба ќайд гирифтааст, бино ба сабаби гум шуданаш, эътибор надорад. Муовини сармуњаррир оид ба тиљорат: Хусрав Дўстов

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома зимнан метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад.

Сармуњаррир Бахтиёр ЊАМДАМОВ

ÁÀÐÎÈ ÌÀÚËÓÌÎÒ: Дастгоњи КИМ ЊХДТ Идораи рўзнома тел: 224-23-90, 224-83-72, 224-49-29, 221-63-21. факс: 224-27-59

www.tribun.tj

тел. 238-72-10, 238-54-61, 238-79-07, факс: 227-44-94

E-mail: minbarihalk@bk.ru

Котиби масъул: Маъруфљон Мањмудов Муњаррири масъул: Шариф Њусейнов Хабарнигорон: Љумъа Ќуддус, Алиљон Љўраев, Толиби Луќмон, Аслия Саломатшоева, Моњрухсор Рањимова Масъули чоп: Мирзоалї Юнусов Њуруфчинон: Љамила Ањмадова, Гуландом Раљабова Мусањњењ: Сабоњат Худоёрбекова, Суратгир: Тўхтамурод Рўзиев Сањифабанд: Фирдавс Таушаров

НИШОНИИ МО: 734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозї, 16. Индекси обуна: 68910 Макони чоп: нашриёти «Шарќи озод». Теъдоди нашр: 48913 нусха Навбатдор:

Алиљон Љўраев


Минбари халк (46)