Issuu on Google+

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Барои созандагї ва рушди босуботи Тољикистон

11 апрели соли 2013, панљшанбе, №15 (890)

www.tribun.tj www.minbari.halk.tj E-mail: minbarihalk@hhdt.tj bk.ru

НАШРИЯИ МАРКАЗИИ ЊИЗБИ ХАЛЌИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЉИКИСТОН

САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ

ТОЉИКИСТОН БА ШОЊИГАРИИ БЕЛГИЯ Санаи 9 апрели соли равон Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо сафари расмї вориди шањри Брюссел, пойтахти Шоњигарии Белгия шуд.

Дар фурудгоњи байналмилалии Брюссел мењмони олимаќомро бо ќатори горди фахрї, дигар муќаррароти сафарњои расмї ва бо њусни эњтиром истиќбол гирифтанд. Пас аз чанд лањзаи расидан ба Брюссел Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Намояндаи олии Иттињоди Аврупо оид ба корњои хориљї ва сиёсати амниятї Кэтрин Эштон мулоќот намуд. Зимни суњбат масоили њамкории гуногунљанбаи Тољикистону Иттињоди Аврупо баррасї шуд. Аз тасвиби ду Созишномаи молиявии миёни Тољикистону Иттињоди Аврупо, ки яке грантї ва дигаре ќарзї мебошад ва ќарордоди молиявї бо Бонки сармоягузории Аврупо доир ба барќарорсозии шабакањои барќии Тољикистон изњори ќаноат карда шуд. Таваљљуњи зиёд ба рафти тањияи Стратегияи нави Иттињоди Аврупо барои Осиёи Марказї барои солњои 2014-2020 зоњир гардид. Ба таъкиди Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон "масоили амниятї дар Осиёи Марказї пас аз хурўљи нерўњои байналмилалї аз Афѓонистон, тањкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди њамкории минтаќавї дар Осиёи Марказї, њамгирої дар соњаи истифодаи босамари захирањои обию энергетикї ва пешгирї аз хатарњои глобалї бояд дар мењвари муносиботи судбахши Иттињоди Аврупо бо минтаќаи мо ќарор дошта бошанд". Дастгирї аз бахшњои истењсолии иќтисодиёти Тољикистон -саноат, гидроэнергетика, наќлиёт ва кишоварзї, аз љумла бо назардошти эњтиёљоти Афѓонистон зарур дониста шуд. Изњори боварї карда шуд, ки тадбирњои Тољикистон барои зиёд намудани интиќоли нерўи барќ ба Афѓонистон дар фасли тобистон, ки дархости љониби Афѓонистон аст ва бунёди роњи оњани Тољикистон-Афѓонистон-Туркманистон мавриди дастгирї ва пуштибонии Иттињоди Аврупо ќарор хоњад дошт. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба рушди љомеаи шањрвандї ва дигар мавзўъњои мавриди таваљљуњ сурат гирифт.

Сањ. 2

Њаёти њизб БАРРАСИИ МАСЪАЛАЊОИ МУЊИМ ДАР МАЉЛИСИ РАЁСАТИ ЊХДТ

сањ. 3

Назарпурсї

Чашмандоз

Никоњи хешутаборї ЧЇ ПАЁМАД ДОРАД?

БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ХИЗМАТРАСОНЇ ДАР НАЌЛИЁТ

сањ. 6

Таълиму тарбия

сањ. 8

ЊИКМАТИ НИЁГОН ВА АХЛОЌИ ЉАВОНОНИ ИМРЎЗА

сањ. 9


2

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

МУЛОЌОТ

БО ПРЕЗИДЕНТИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО МАРТИН ШУЛС

Дар идомаи сафар, таърихи 10 апрели соли равон Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулс мулоќот намуд. Дар даромадгоњи бинои Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмонро Президенти Парлумон Мартин Шулс истиќбол гирифта, ба макони аксбардории якљоя даъват намуд. Дар мулоќоти онњо масоили њамкории Тољикистону Иттињоди Аврупо, хусусан раванди тањкиму густариши ро-

битањои байнипарлумонї баррасї шуд. Аз пайвастагии робитањои сатњи олии Тољикистон ва сохторњои марказии Иттињоди Аврупо, аз љумла Парлумони он, фаъолияти босамари Кумитаи њамкории дуљонибаи байнипарлумонї ва њамчунин татбиќи босамари Стратегияи њафтсолаи њамкории Иттињод бо Осиёи Марказї изњори

ќаноат карда шуд. Мартин Шулс мавќеи љуѓрофии Тољикистон ва наќши сиёсию амниятии онро дар минтаќаи Осиёи Марказї, аз љумла дар таъмини суботу эътидол дар Афѓонистон ва пешгирї аз пањншавии хатарњои терроризму экстремизм ва ќочоќи мухаддирот муњим номида, њавасмандии Иттињоди Авру-

СУЊБАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СААШ (НАТО) АНДЕРС ФОГ РАСМУССЕН

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

поро ба густариши њамкории босамар бо он таъкид дошт. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба мусоидат ба рушди њамкории минтаќавї дар Осиёи Марказї, тањкими институтњои љомеаи шањрвандї ва дигар мавзўъњои мавриди таваљљуњ сурат гирифт. Дар робита ба шароити баргузории интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон, ки моњи ноябри соли равон баргузор мегардад, Сарвари давлат Эмомалї Рањмон изњор дошт: "Ман њамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медињам, ки интихоботи Президентии Тољикистон озодона, шаффоф ва демократї љараён мегирад".

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар шањри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоњигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба њузур пазируфт.

ДИДОР БО ДИРК ЛАМБРЕХТС

Рўзи дуюми боздиди расмии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз шањри Брюссел, пойтахти Шоњигарии Белгия бо мулоќоти ў бо Дабири кулли Созмони Ањдномаи Атлантикаи Шимолї (НАТО) Андерс Фог Расмуссен оѓоз ёфт. Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли Созмони Ањдномаи Атлантикаи Шимолї Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмонро дар даромадгоњи ќароргоњи доимии ин созмон дар Брюссел истиќбол гирифт. Боздиди навбатї аз НАТО бо маросими аксбардории якљоя оѓоз ёфт. Дар оѓози мулоќот Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон "аз њамшарикии амалї бо ин созмон дар доираи Барномаи "Њамёрї барои сулњ" изњори ќаноатмандї карда, "татбиќи Барномаи инфиродии њамшарикии миёни Тољикистон ва Созмони Ањдномаи Атлантикаи Шимолиро воситаи

муассири тањкими равобити ду љониб номид". Тавре зикр гардид, дар чањорчўби ин барнома Тољикистон аз мусоидати Созмони Ањдномаи Атлантикаи Шимолї дар тоза кардани њудуди худ аз мина ва дигар моддањои тарканда, пурзўр намудани амнияти сарњадї, омўзиши забонњо, омодасозии кадрњои низомї, мубориза бо терроризму экстремизм ва ќочоќи маводи мухаддир, пешгирї аз офатњои табиї ва рафъи оќибатњои онњо бархўрдор аст. Андерс Фог Расмуссен ба наќши Тољикистон дар кўмаки амалї ба нерўњои эътилофии Созмони Ањдномаи Атлантикаи Шимолї дар Афѓонистон ва мусоидати фаъол ба эњёи иќтисодиёту иљтимоиёти ин кишвар бањои баланд дода, давлати моро дар ин раванд "шарики боэътимоду устувори НАТО" номид. Андерс Фог Расмуссен, њамчунин

изњор дошт, ки "НАТО дар масири мусоидат ба эњёи иќтисодиёту иљтимоиёти Афѓонистон ва омодасозии кадрњои низомї ва полиси афѓон аз имконоти Тољикистон имрўз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад". Ў ба Сарвари давлат ва мардуми Тољикистон барои њамшарикии боэътимод бо НАТО арзи сипос кард. Эмомалї Рањмон дар робита ба пайомадњои хурўљи нерўњои байналмилалї аз Афѓонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, изњор дошт: "вусъат додани робитањои иќтисодї дар минтаќа ва љалби њарчї бештари Афѓонистон ба равандњои њамгироии иќтисодии минтаќавї воситаи самарабахше дар масири сулњсозї дар ин кишвар хоњад буд". Њарду љониб ба тањким ва густариши њамкории судбахш, аз љумла пас аз соли 2014 низ њавасмандии худро таъкид доштанд.

Дар мулоќот масоили њамкории Тољикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусї аст, баррасї шуд. Аз густариши њамкорї барои ташхису табобати беморињои гуногун, омодасозии кадрњо, табодули мутахассисон ва донишу таљриба, дастгирии техникии муассисањои тандурустии Тољикистон изњори њавасмандї карда шуд. Пас аз анљоми мулоќот Ёддошти њусни тафоњум оид ба њамкорї дар соњаи тандурустии давлатї ва хусусї миёни Љумњурии Тољикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоњигарии Белгия ба имзо расид. Ба он аз љониби Тољикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї Давлаталї Саидов ва аз љониби Белгия Президенти ассотсиатсияи мазкур Дирк Ламбрехтс имзо гузоштанд. Зикр гардид, ки минбаъд дар асоси ин санад Барномаи њамкории Тољикистону Белгия дар соњаи тандурустї тањия ва татбиќ хоњад шуд.

www.president.tj


Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

4-уми апрели соли љорї дар шањри Душанб е Маљлиси Раёсати ЊХДТ баргузор гардид, ки дар он аъзои раёсат, аъзои Фраксияи ЊХДТ дар парлумон, раисони Кумитањои иљрояи њизб дар вилоятњо ва якчанд шањру ноњияњои мамлакат, кормандони Дастгоњи КИМ ЊХДТ, намояндагони нашрияњои њизбї ва дигарон ширкат варзиданд. Рўзномаи Маљлиси Раёсати ЊХДТ фарогири шаш масъалаи муњими фаъолияти њизб буд, ки аз љониби аъзои Раёсат мавриди тањлил ва баррасии амиќ ќарор гирифт. Дар оѓоз муовини якуми Раиси ЊХДТ Сафар Сафаров рољеъ ба њадаф ва масоили матрањшавандаи маљлис мулоњиза ронда, таъкид кард, ки зимни муњокимаи масъалањо ширкаткунандагон андешањои худро баён кунанд, то бо њамдастиву машварат роњи њалли онњо пайдо шавад. Њамзамон Сафар Сафаров зикр намуд, ки Маљлиси Раёсати ЊХДТ бояд самти фаъолияти пурсамари ояндаи њизбро муайян кунад ва тавонад барои бештар густариш ёфтани робита бо мардум имкон фароњам орад. Зеро,-дар идома гуфт ў-, њамоњангї бо мардум, рафъи мушкилот ва бењтар кардани вазъи зиндагии онњо њадафи аслии мо мебошад. Сипас Сафар Сафаров барои тарњу баррасии масъалаи аввали маљлис "дар бораи таъсиси наќшаи кори ЊХДТ" суханро ба муовини Раиси ЊХДТ Асрор Латипов дод. Номбурда зимни суханронї зикр кард, ки лоињаи наќшаи мазкур ќаблан аз љониби Раёсати ЊХДТ баррасї гардида, бо назардошти андеша ва пешнињодњои аъзои раёсат тањия гардидааст. Мавсуф инчунин ќайд кард, ки наќшаи кории њизб се марњиларо дар бар мегирад. Дар марњилањои зикргардида, ки аз баргузории маљлиси Раёсати ЊХДТ шурўъ мегардад, кўшиш ба харљ дода мешавад, ки робита бо мардум тариќи баргузор кардани чорабинињои мухталиф, бештар ба роњ монда шавад. Инчунин дар назар аст, ки бо љалби аъзои фаъоли њизб аз њисоби љавонон мактаби лидерони љавон таъсис дода,таваљљуњи бештар ба масоили марбут ба љавонон ва муњољирони мењнатї зоњир карда шавад. Лоињаи наќшаи мазкур пас аз тањилу баррасї ќабул гардид. Дар ќисмати муњокимаи масъалаи аввал њозирин андешањои худро перомуни наќшаи кории њизб баён намуда, бањри мукаммал шудани он чанд пешнињоди мушаххас ироа намуданд. Масъалаи дигари маљлиси Раёсати ЊХДТ дар бораи таъсиси гурўњи корї барои тањия намудани баъзе лоињањои муњими њизбї аз љониби аъзои Раёсат мавриди баррасї ќарор гирифт. Зимни муњокима таъкид гардид, ки ба њайати ин гурўњ бояд шахсони собиќадор ва пуртаљриба пазируфта шаванд. Њамин тавр бо назардошти андешаи аъзои Раёсат ва бо пешнињоди онњо лоињаи ќарори гурўњи кории мазкур ќабул карда шуд. Сипас барои матрањ кардани масъалаи навбатии маљлиси Раёсати

ЊАЁТИ ЊИЗБ

3

БАРРАСИИ МАСЪАЛАЊОИ МУЊИМ

ДАР МАЉЛИСИ РАЁСАТИ ЊХДТ

ЊХДТ "Дар бораи фаъолияти ташкилотњои Њизби Халќии Демократии Тољикистон" сухан ба раиси Комиссияи Марказии тафтишотї С. Зокиров дода шуд. С. Зокиров дар хусуси вазъи молиявии њизб, даромаду харољот, њолати хазина ва молиявии Кумиљроияњои шањру ноњияњо ба таври муфассал сухан ронда, зикр кард, ки хушбахтона, нодуруст истифода бурдани маблаѓњо солњои охир камтар шудааст. Њамчунин номбурда афзуд, ки љињати сарфи оќилонаи буљаи њизб КИМ ЊХДТ назоратро пурзўр намуда, дар ин самт тадбирњои судманд андешида истодааст. Комиссия барои баланд бардоштани нуфузи њизб дар шароити бисёрњизбї, њимояи манфиатњои он њамеша талош меварзад. С.Зокиров инчунин ёдовар шуд, ки тафтишоти соли 2012 дар комиљроияњои шањру ноњияњои кишвар гуза-

ронидашуда ба он далолат мекунад, ки дар шароити моливии њизб дигаргунии назаррасе ба вуљуд омадааст. Дар љараёни муњокимаи ин масъала љињати боз њам бењтар шудани шароити молиявї андешањо ва пешнињодњои судманд баён карда шуданд. Дар ин ќисмат, аз љумла раиси КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода, раиси КИ ЊХДТ дар вилояти Суѓд Д. Зоњидов, раиси КИ ЊХДТ дар Бадахшон Љ. Ќозибеков, раиси КИ ЊХДТ дар шањри Душанбе Љ.Саидов ва раисони КИ ЊХДТ дар шањру ноњияњои тобеъ андешаронї карда, зикр намуданд, ки љињати боз њам бењтар шудани вазъи молиявии њизб бештар талош хоњанд кард. Масъалаи дигари Маљлиси Раёсати ЊХДТ "Дар бораи таъсиси шўрои собиќадорони Њизби Халќии Демократии Тољикистон" яке аз муњимтарин

масъалањое буд, ки њозирин ба он таваљљуњи амиќ зоњир карданд. Ин масъаларо њуќуќшиноси Дастгоњи Кумитаи Иљроияи Марказии ЊХДТ А. Нуров шарњу тафсил дод. А. Нуров зимни баромад њадаф ва зарурати таъсиси ин шўроро чунин арзёбї кард: "Дастгоњи Кумитаи Иљроияи Марказии ЊХДТ тасмим гирифт маќомеро таъсис дињад, ки дар ташаккули идеологияи њизбї ва самаранок кардани фаъолияти њизб сањми намоён дошат бошад. Шўро бо маќсади такмил ва вусъати кори њизбї дар самти тарбияи ватандўстї, тайёрии касбии кормандони њизб, њимояи њуќуќу манфиатњои собиќадорони њизб, љалби онњо ба тарбияи љавонон, омўзиши муомилоти пешќадами корї ва бо маќсади омўхтани таљриба ва малакаи кори собиќадорони њизб таъсис дода мешавад". Воќеан таъсисёбии чунин шўро имкон фароњам меорад, ки собиќадорони њизб мутањњид шуда, дар атрофи мушкилот ва масоили њалталаби фаъолияти њизб табодули назар кунанд ва ба ин васила мактаберо ба вуљуд оранд, ки минбаъд љавонони лаёќатмандро ба арсаи сиёсат орад. Яъне ин шўро метавонад нуќтаи муттамарказонидашудаи таљрибањо, андешањо ва ибтикорњо бошад. Аз ин рў ѓояи таъсисдињии он ќобили дастгирист. Пас аз тањлил ва баррасии масъалаи мазкур сохтор ва њайати Шўрои собиќадорони ЊХДТ муайян карда шуд. Маљлиси Раёсати ЊХДТ ба аъзои фаъоли њизб ва кормандони он дастур дод, ки минбаъд бо нерўи тозатару азми ќавитар фаъолиятро идома дода, дар боло бурдани нуфузи њизб ва ба ин васила дар пешбарии сиёсати давлат ва њукумат сањми шоиста гузоранд.

Толиби ЛУЌМОН


4

РЎЙДОДЊОИ ЊАФТА Офат

Њамкорињои иљтимої

ДУРНАМОИ УМЕДБАХШИ УЗВИЯТИ ТОЉИКИСТОН БА СУС -Тољикистон барои ворид шудан ба Созмони умумиљањонии савдо роњи тўлонии ёздањсоларо пушти сар гузошт ва таъкид намудан ба маврид аст, ки ин давра ба осонї сипарї нашудааст. Бо ќабули ќонунњои нави марбути иќтисоди бозорї ва дохил кардани таѓйироту иловањоба санадњои меъёрию њуќуќии мављуда мо пеш аз њама муваффаќ шудем, ки заминаи њуќуќию ќонунгузории онро муњайё созем,-гуфт зимни ироаи сухани ифтитоњиаш Мушовири давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Саймурод Самадович Фаттоев дар љаласаи навбатии мањфили "Њамкорињои иљтимої"и Шўрои љамъиятии љумњурї, ки ба масъалаи "Воридшавии Љумњурии Тољикистон ба Созмони умумиљањонии савдо: вазифањо ва пешомадњо" бахшида шуда буд. Дар баробари ин мо низоми тиљоратии худро ба ќоидањои байналмилалии савдо мутобиќ намудем. Бинобар ин эътимоду бовари мо бар он аст, ки минбаъд њамкорињои иќтисодиямонро бо кишварњои узви ин созмони бонуфузи љањонї дар сатњи зарурї роњандозї мекунем. Бесабаб нест, ки Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронии худ дар марос ими ба узвият пазиру фтани љумњурии мо, ки дар ќароргоњи он сурат гирифт, ин падидаро њамчун рўйдоди муњим арзёбї кард, ки он бевосита ба рушди минбаъдаи устувори иќтисодиву иљтимоии љомеа мусоидат хоњад кард. Мо љонибдори иќтисоди бозорие мебошем, ки он ба иќтисоди љањонї мувофиќу

вии Тољикистонро ба Созмони умумиљањонии савдо муњим арзёбї намуда, таъкид сохт, ки дар сурати истифодаи хуби имкониятњои ин ташкилоти байналмилалии иљтисодї пеш аз њама ба љумњурї мањсулоти хушсифат ворид мешавад ва сифати мањсулоти корхонањои худи љумњурї бењтар шуда, ба талаботи меъёрњои љањонї мутобиќ мегардад. Вазири рушди иќтисод ва савдои кишвар Шариф Рањимзода, мудири шуъбаи инфрасохтори истењсолии институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи илмњои љумњурї А. Мирсаидов, мутахассисону коршиносон, роњбарони як ќатор созмонњои ѓайрињукуматї ва муовини раиси Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон Ф. Фатњуллоев, ки љаласаи мазкурро раисї мекард, оид ба пањ луњои му сбату манфии ин рўйдоди муњими љумњурї назару аќидањои худро баён дошта, дар мавриди мушкилоти дурнамо ва роњњои њалли онњо пешнињодњои љолиб манзур сохтанд.

Ба иттилои Кумитаи њолатњои фавќулодаи Тољикистон, 29уми марти соли равон, таќрибан соати 15:20 даќиќа бинобар сабаби боришоти борону жола дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї, љамоати дењоти Чубек, совхози Сарњадчї, обхезї ба амал омад. Дар натиља мањаллањои ањолинишини дењањои Чойлобкамар, Янгийўл, Чубек, Њаёти нав, Туѓул ва Тудабоён зарари моддї диданд. Аз љумла, 30 адад хонањои истиќоматї, 35 адад иншоотњои ёрирасон, 150 адад ќитъањои наздињавлигї, 260 сар чорвои калону хурди шахсї ва 300 гектар заминњои кишт нобуд шуданд. Тибќи малумотњои расмии маќомот, омадани сел дар ин шаш дењаи ноњияи Њамадонї беш аз се миллиону 138057 сомонї ба сокинони мањаллї зиёни молї овард. Хотиррасон мекунем, ки ноњияи Њамадонии вилояти Хатлон бо љумњурии њамсоя Афѓонистон њаммарз буда, ќариб њамасола сокинони назди соњили дарёи Панљ аз хатари баландшавии сатњи об дар фасли бањор аз боронњои пай дар пай ва селу жола хисорот мебинанд. Њарчанд сокинони мањаллањои дар боло зикр шуда медонанд, ки истиќоматгоњашон зери хатари селу дигар офатњои табиї ќарор дорад, аммо макони худро тарк намекунанд. Њукумати ноњия бо сарварии раиси ноњия Х. Фазлиддинов ситоди ноњиявї ташкил карда, барои бартараф кардани оќибатњои офати табиї, пешгирии хурўљи нави селоба, кўмак расонидан ба зарардидагон чорањои зарурї андешида истодааст. Хотиррасон мекунем, ки ањолии ин митаќа бештар ба чорводориву заминдорї машѓул буда, зиндагиашонро аз њамин њисоб пеш мебаранд.

вакил, 310 мењмон ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориљї дар конфронси нахустини њизб ширкат намуданд. Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки чаро ин сол њамчун соли таъсисёбии њизб шинохта нашуд? Барои љустуљў ва ёфтани љавоби аниќтар сайри таърих ие дар шабакаи интернет анљом додам. Тибќи маълумотњои пайдокардаам, дар соли 1973, бори аввал Саид Абдуллоњи Нурї (раиси аввалини ЊНИТ)-ро барои пурсиш ба Кумитаи давлатии бехатарї даъват кардаанд. Сабаби даъват на ташкил кардани њизбу созмон, балки таълими ѓайриќонунии динии љавонон аз тарафи ў дар шароити хона будааст. Албатта, чунин шакли додани таълимоти динї он замон дар тамоми гўшаю канори Тољикистон љой дошт. Њатто бештари шоирону адибони классики тољик дар шароити хона донишњои ибтидоии диниро гирифтаанд. Оё тадриси масъалањои динї дар хона метавонад бо таъсиси њизб рабте дошта бошад? Аз нигоњи дигар, њамагон медонанд, ки дасти пурќуввати Кумитаи давлатии бехатарии шўравї (КГБ) дар он солњо то куљоњо мерасид. Касе ки инро эътироф намекунад, пас дар замони давлатдории њуку-

Њамкорї

НАМОИШИ МАЊСУЛОТИ НАССОЉИИ ТУРКМАНИСТОН

«МХ»

АЗ ИМИЉСОЗИЊО СУДЕ НЕСТ…

Ба зиддиятњо нигоњ накарда, тарафдорони њизб таљлили љашнро дар сатњи баланд интизоранд. Вале саволи матрањ боќї мемонад, ки таъсисёбии ЊНИТ дар 40 соли пеш то ка��ом андоза асос дорад? Барои њамагон маълум аст, ки расман таъсис шудани ин њизб, ба таърихи 26 октябри соли 1991 рост меояд. Он рўз дар дењаи Чортути ноњияи Ленин (њозира Рўдакї) 657

Обхезї дар Њамадонї

Моњрухсор РАЊИМОВА созгор бошад ва фазои мусоиди сармоягузориро фароњам биёрад. Дар нињоят Тољикистон маќсад дорад, ки имкониятњои васеи Созмони умумиљањонии савдоро татбиќ намуда, ба он ноил мегардад, ки ба иќтисоди љумњурї сармояњои ќобили мулоњиза, мањсулоти љавобгўи стандартњои љањонї ва босифат ворид гардида, сатњу сифати зигдагии мардуми тољик ба маротиб боло меравад. Дар љамъбасти суханрониаш С. Фаттоев таъкид сохт, ки ба Созмони љањонии савдо дохил шудани Тољикистон дар њалли баъзе мушкилоти дохилию хориљии мо, аз љумла рафъи душворињои коммуникатсионї ва умуман иќтисодї мусоидат хоњад намуд. Бинобар ин мо бояд аз чунин имконияти мусоид ба таври самарабахш истифода барем. Мутахассисони њирфаї, баху сус иќтисодшинос они миллии сатњи љањонї дар ин љода бояд њаматарафа кор баранд. Иљрокунандаи вазифаи роњбари Дафтари Созмони амнияту њамкории Аврупо дар Тољикистон љаноби Њанс Петер Ларсен низ аъзоша-

Нуќтаи назар

Интизор меравад, ки Њизби нањзати исломии Тољикистон 40-умин солгарди таъсисёбии худро таљлил намояд. Солгарде, ки аксарияти таърихшиносон ќабул надоранд. Зеро ба боварии онњо 40-сола будани ин њизб аз имкон берун мебошад. Вобаста ба њамин пањлўи масъала чандест дар сањафоти воситањои ахбори оммаи дохилї бањсњо идома доранд.

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

мати шўравї зиндагї накардааст. Дар ин замина, суоле пеш меояд, ки оё имкон дошт, ки ташкили як њизбї сиёсии динї аз назари КГБ дур монад? Мутмаинам, ки не! Чаро таърихи таъсиси њизбро ба ба даврае нисбат медињем, ки айёми гулгулшукуфии СССР буд ва на танњо барои таъсиси як њизб, ки сахттарин љурм ба њисоб мерафт, балки барои як њарфи бељо солњои тўлонї њабс мекарданд. Њатто хадамоти љосусии бузургтарин давлатњои хориљї дар он давра ба ќудрати КГБ эњтиром ќойил буданд. Аз ин лињоз, ѓайримантиќї мебошад, ки нињодњои амниятї аз таъсиси њизби барояшон душман бехабар монда бошанд. Аслан тааљљубовар он аст, ки аз ин таърихсозї чї манфиат мерасида бошад? Бигузор њизб 40сола бошад ё 22-сола, аз ин чї њосил? Магар бар обрў чизе зам мешавад? Банда њељ нияти танќиди ЊНИТ-ро надорам, матлаби ман танњо њамин аст, ки таърихро тањриф накунем, чун он ба њуљљату далел такя мекунад. Шўњрату обрў дар миёни мардум танњо бо хизмати холисонаю садоќатмандона ба даст меояд, вагарна аз ин иммиљсозињо њељ суде нест.

Љамшеди ХУРШЕД

Аз барќароршавии робитањои дипломатї миёни љумњурињои Тољикистону Туркманистон 20 сол мегузарад. Таљлили ин санаи мазкур дар сатњи баланд доир мегардад. Яке аз воќеањои хотирмони ба ин санаи муњим вобаста мулоќоти роњбарони ду кишвари дўст дар љашни байналмилалии Наврўз, ки дар Ашќобод доир гашт, мебошад. Имзои санад оид ба бунёди роњи оњани Туркманистон - Афѓонистон-Тољикистон робитањои иќтисодии њар ду мамлакатро вусъат хоњад бахшид. 10-уми апрел дар Маркази тиљоратии "Ёќут- 2000" намоиш ва фурўши мањсулоти нассољии Туркманистон доир гардид. Сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Туркманистон дар Љумњурии Тољикистон Чинор Рустамова дар маросими ифтитоњи намоишгоњ изњор дошт, ки чорабинии мазкур натиљаи дўстию њамдигарфањмии роњбарони ду кишвар Ќурбонгулї Бердимуњаммадов ва Эмомалї Рањмон мебошад. -Ин нахустин намоишгоњи мањсулоти нассољии Туркманистон дар кишвари ба мо дўсту бародари Тољикистон аст,- гуфт Чинор Рустамова. -Чорабинии мазкур аз тањкими муносибатњои дуљониба

миёни Палатањои савдо ва саноати Туркманистону Тољикистон гувоњї медињад. Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Мерген Шалиев Паёми табрикии Ќурбонгули Бердимуњаммадов ба иштирокчиёни намоишгоњро ќироат кард. Таваљљуњи мењмонон ба намоишгоњи мањсулоти Комплекси љинсбарории ба номи Туркманбошї, ќолинњо ва мањсулоти абрешиму пахтагини корхонањои Туркманистон хеле зиёд буд. Яке аз иштирокчиёни намоишгоњ, сокини ноњияи Љилликўл Аълочии фарњанги љумњурї Олтї Бекмуродов аз баргузории намоишгоњ изњори хушї карда чунин гуфт: -Доир гаштани чунин намоишгоњњо боиси дубора барќарор шудани робитањои гусаста мегардад. Тољикон мегўянд, ки "Мењр дар чашм аст". Муносибати мо дар соњањои фарњангу иќтисодиёт мустањкамтар мешавад. Умед мекунем, ки ин гуна чорабинињо бештар гашта, роњи оњану хатсайри њавої миёни Душанбеву Ашќобод барќарор мегардад. Намоиши мањсулоти нассољии Туркманистон то 15-уми апрел идома меёбад.

С. САЙФИДДИН


Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Данѓара Сипас ин наќшаи чорабинињои КИ ноњиявї ба 62 ташкилотњои ибтидои дастрас гардид. Ташкилотњои ибтидоии њизбї низ, наќшаи чорабинињои худро тањия намуданд. Корњои ташвиќотию тарѓиботї дар байни мардуми оддї оѓоз шуд. Гузаронидани чорабинињои варзишї, шанбегињо ба њукми анъана даромад. Аёдати пирону куњ анс олон, иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, оилањое, ки дар љанги шањрв ан дї фар зандони х у дро гу м кардаанд, хабаргирии беморону бесарпарастон ба наќша гирифта шуд. Њизбиёни ноњия паи амалї гар дони дани с у х анњ о и Ра ис и Њизби Халќии Демократии Тољики с тон , Пр езид ент и ма млак ат Эмомалї Рањмон рањсипор гашта , ќа рзи њ изб ию шањ р в анд ии худро иљро менамоянд. Хусусан, дар њамаи 8- љамоати дењоту 1-љамоати шањрак рўзњои ЊХДТ бо як рўњияи баланди ободкорию ватандўстию миллатпарастї оѓоз гашт.

ЊУРМАТИ ПИРОН БИДОНУ АЗ ЉАВОНИАТ МАНОЗ… Дар доираи чорабинињо ба рўзњои ЊХДТ бахшидашуда КИ ЊХДТ дар ноњияи Данѓара тавонист бисёр корњои судманди њизбиро амалї намояд. Аввал аз тањияи наќшаи чорабинињо оѓоз намуда, тамоми љабњањои њизбї ба инобат гирифта шуд. Дар дењањои Паркамчї, Алиљон, Хушобак, Пушинги љамоати Пушинг, (раиси ташкилоти ибтидоиаш Пирмањмад Каримов) дар дењањои Ѓарѓара, Корез, Бошбулоќ, Якатут ва Туябуюни љамоати дењоти Корез (раиси ташкилоти ибтидоияш Абдулло Њафизов) ва дар дењањои њудуди љамоатњои ба номи И. Шарипов, Лолазор, Сангтўда, Себистон вохўрии коркунони КИ ва раисони ташкилотњои ибтидоии њизбї хеле хотирмону судманд гузашт. Рўњияи мардум болида буд, мардуми оддї аз байни издињом сухан гирифта, х удро аз раис и ЊХДТ Эмомалї Рањмон баён менамуданд.

Хусусан дар ин љамъомадњо суханронии Љаноби Олї Эмомалї Рањмон дар ноњияи Темурмалик, ки гуфта буд, дењаи худро обод кунед, мактаберо, ки хатм кардаед, онро нигоњбонї кунед, аќќалан 1 км роњи дењаро обод кунед, ана кори савоб сухани њаќќонии халќї ва рўхбаландкунанда буд. Дар рўзњои Наврўз рафти чорабинињо боз миќдорану сифатан бењтар су рат гирифт. Масалан, рўзи 27март коркунони КИ, раиси ташкилоти ибтидоии љамоати дењоти Корез Њафизов Абдулло барои аёдати пири 83 сола, чорводори номдор, сокини дењаи Туябуюн То-

Вањдат

иров Ќурбоналї гаштанд, ки алњол ў бистарї аст. Ќурбоналї Тоиров 60 соли умри бобаракати худро сарфи нигоњубини чорвои љамъиятї намуда, 13 фарзандро бо мењнати њалол хўрондаву пўшонда ба њаёти мустаќилона рањнамун сохтааст. Ў љонибдорї ЊХДТ аст, аз пешрафту гул - гулшукуфии Тољикистон меболад. Дар ваќти супоридани тўњфањо аз тарафи КИ ЊХДТ - и ноњия ва ташкилоти ибтидоии љамоати дењоти Корез ў миннатдории самимии худро изњор намуд. Мо њамагон ќарздорем, ки солхўрдагонро иззаташро бидонем, зеро гуфтаанд:

Њурмати пирон бидону аз љавониат маноз Чунки пирон низ айёми љавонї дидаанд…

Р. ГУЛОНОВ, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Данѓара

Рўдакї

Аъзои ЊХДТ дар сафи пеш

Дар арафа ва рўзњои љашни Наврўзи байналмилалї ва фаро расидани фасли зебои сол -бањори нозанин комиљроияњои Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар навоњии тобеи марказ дар заминаи амалї гардондани наќшаи чорабинињои тањиянамудаи Дастгоњи КИМ ЊХДТ ва супоришњои роњбарияти њизб силсилаи чорабинињои фарњангию фароѓатї ва хайриявиро доир намуданд.

Ањли зањмати ноњияи Рўдакї дар давраи тайёрї ва гузарондани чорабинињои наврўзї аз он изњори сарфарозї мекарданд, ки мањз бо пешнињоди Президенти мо Эмомалї Рањмон ва дастгирии кишварњои њамзабону њамдину њамфарњанги минтаќа ва љањон Наврўзи аљам аз љониби Созмони милал маќоми љањонї гирифт. Акнун дар саросари љањон њамасола вожаи Наврўзу суннатњои наврўзї роиљ мегардад ва он тибќи анъанањои мардуми форсизабон ва Шарќ љило ва шукўњи тоза мегирад.

Фаъолнокии сиёсї баланд мешавад Дар љамъомаду тантанањо табаќањои мухталифи љомеа, ањли зиё, соњибкорону тољирон ва мардуми хонашин љалб карда шуданд. Кормандони масъули њизбї, фаъолону љонибдорони њизбамон аз љумлаи коргардонњои аслии ин тадбирњо буданд. -Чорабинињои мазкурро мо ба тарзу услубе матрањ намуда, манзури мардум гардондем, ки наќши созандаи Њизби Халќии Демократии Тољикистон баръало намоён буд, -гуфт раиси комиљроияи њизб дар шањри Вањдат Раљабмурод Љалилов. -Муњимтар аз њама ба шевањои љолибу муассири таблиѓоту ташвиќоти њадафњои ЊХДТ ва дастовардњои солњои истиќлолияти љумњурї эътибори љиддї додем. Дар њар як вохўрию му-

5

ЊАЁТИ ЊИЗБ

лоќотњо ќишрњои мухталифи љомеаро мутаќоид месохтем, ки ин Њизби Халќии Демократї мебошад, ки барои амалї гардондани ормонњои мардум нерўи ќавї ва имкониятњои васеъеро дорост. Дар тантанањои асосии навр��зї, ки дар варзишгоњи марказии шањрамон доир гардид, калонтарин ва љолибу зеботарин шиору лавња аз ЊХДТ буд. Мутобиќи дастурњои Дастгоњи КИМ ЊХДТ самти дигари фаъолияти ташкилотњои њизбамон дар шањри Вањдат аз он иборат буд, ки ба истиќболи бањори гулбасар ва кишту кори зироат њамаљониба омодагї гирифта, љўю каналу зањбуру зањкашњо ва майдонњои кишоварзиро тоза ва тахту њамвор намуданд. Созмонњои ибти-

Ду хабар аз Конибодом ЊИЗБИЁН БА ЊАШАР БАРОМАДАНД Дар дењњаи Љигдалики љамоати дењоти Лоњутї бо ташаббуси аъзои ЊХДТ њашари умумї гузаронида шуд. Сокинони љамоати дењот дар корњои ободонї ва тоза намудани канали Фарѓона иштироки фаъолона доштанд ва дар обёри намудани заминњои дурдасти дења сањм гузоштанд. Раиси шањр Нўъмонљон Обидов дар назди њашарчиён ташаббуси Раиси КИ ЊХДТ дар Конибодом Абдумаљид Ќањњоровро заминаи муњими фаъолияти дастаљамъонаи сокинон дар корњои ободонї маънидод кард.

доии њамаи муассисањо ва ташкилоту корхонањо дар рўзњои истироњатї ба њашари умумї баромада, дар талу теппањо, заминњои бекорхобида ва боѓоти нави ноњия њазорон бех нињолњои мевадињандаю сояафкан ва гулу гулбуттањо шинонданд. Аъзои раёсати Кумитаи иљроияи њизб дар шањри Вањдат чун анъана дар рўзњои ид ва маъракањои дигар собиќадорони мењнат, пирони барљомонда ва шахсони эњтиёљмандро аёдат мекунанд ва ба онњо кўмакњои хайрия мерасонанд. Аз љумла, дар остонаи љашни Наврўз ба панљ нафар собиќадорони њизб ва ниёзмандони дигар маводи ѓизої таќдим карда шуд. Эњтиёљмандон аз чунин лутфу эњсони њизбиён арзи сипос карданд.

-Дар њар як корхонаи истењсолї, фарњангї ва таълимї ба истиќболи Наврўзу бањори хуљаста чорабинињои хотирмон доир карда шуданд, ки дар сафи пеши ташкилдињандагони он аъзои Њизби Халќии Демократї ќарор доштанд, -мегўяд раиси комиљроияи њизбии ноњия Хайрулло Сўфиев. -Раванди љолиберо таъкид кардан мехоњам, ки дар марњилаи омодагї ва амалї гардондани чорабинињо ба пешвози Наврўз сафи хоњишмандоне, ки мехоњанд узвияти ЊХДТ-ро бипазиранд, б а мар отиб афз оиш ёфтааст. Дар њаќиќат назар ба гуз ориш е, ки комиљро ияи њизбї пешнињод кардааст, маълум мегардад, ки дар њамаи корхонаю ташкилотњо ва мањаллањои ањолинишин ашхоси зиёде бо ариза барои аъзои ЊХДТ шудан мурољиат кардаанд. Ин аз он шањодат медињад, ки аъзои комиљроия ва раёса ту фаъоло н да р ба йни

омма корњои таблиѓотию фањмондадињиро вусъат бахшидаанд. Њамин тариќ, дар Маркази савдои "Балх" -и ноњия якбора 35 нафар хостанд, ки ба сафи ЊХДТ шомил гарданд. Баъди омўзиши њаматарафа кулли онњо дар вазъияти тантанавї ба узвият пазируфта шуданд. Њамзамон бо ќарори комиљроия дар назди Маркази мазкур ташкилоти ибтидої таъсис дода шуда, раисии он ба зиммаи соњибкор Ањлиддин Исмоилов вогузор гардид. Бо наздик омадани маъракањои сиёсї, аз љумла интихоботи президентии соли равон фаъолнокии сиёсии мардум низ баланд шуда, одамон дигар нисбати чунин чорабинињо бетафовутї зоњир намекунанд. Њизби Халќии Демократї ва ташкилотњои он дар шањру навоњї бо ин маќсад корњои таблиѓотию ташвиќотиро пурзўр карда истодаанд.

Мухбири "МХ"

ТАЌВИЯТИ МАЊОРАТ АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ЊИЗБИЁН Њафтаи сипаришуда дар шањри Конибодом мулоќоти раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ Абдумаљид Ќањњоров бо аъзои њизб, кормандони соњаи молия баргузор шуд. А Ќањњоров оид ба чорабинињои мухталифе, ки аз тарафи аъзои Комиљроия тарњрезї гардидаанд, ба њозирин маълумот дода, дастовардњои ноилгардидаи љомеаи навини кишварро самараи фаъолияти серсоњаи аъзои њизб маънидод кард. Номбурда баргузории чорабинињои

муњими соли равонро як навъ санљиши кору фаъолияти аъзои ЊХДТ чун нерўи пешбаранда ва ояндасози љомеа арзёбї намуда, аз њозирин таќозо кард, ки дар атрофи сиёсати рањнамунсози Раиси ЊХДТ, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид гардида, барои рушду нумўи кишвар сањми назаррас дошта бошанд. Дар чорабинї миёни аъзои Комиљроия ва кормандони шуъбаи молия мубоњисаи судманд баргузор гардид ва њозирин ба пурсишњои худ посухњои мушаххас гирифтанд. Дар фарљом ба ду нафар корманди шуъбаи молия дар

вазъи тантанавї билетњои њизбї супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар КИ ЊХДТ дар шањри Конибодом 47-ташкилоти ибтидої фаъолият дошта, шумораи умумии аъзои њизб 4025 нафарро ташкил медињад. Ба аќидаи масъулини Комиљроияи њизбї баланд бардоштани самараи фаъолияти њар як аъзои њизб асоси пешрафт асту дар ин замина барои тарбияи њаматарафаи мањорату малакаи њизбиён тадбирњои зарурї андешида мешавад.

Маъруфи БОБОРАЉАБ


6

ЊАМКОРЇ

ТОЉИКИСТОНУ БЕЛОРУС:

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

ГАРДИШИ МАЊСУЛОТ

57,7 МЛН. ДОЛЛАР Аммо љонибњо бо имкониятњои мављуда аз сатњи њамкорињо ќаноатманд нестанд Ибтидои моњи равон як њайати намояндагони њукумат ва соњибкорони Белорус ба љумњурии мо ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар рўзњои 3-4 апрел дар шањри Душанбе љаласаи дуюми Шўрои њамкорињои Љумњурињои Тољикистон ва Белорус баргузор гардид. Љаласаро муовини аввали раиси Палатаи савдо ва тиљорати Тољикистон Лариса Кислякова њусни ифтитоњ бахшида, аз сатњу сифат ва муносибатњои гуногунсоњаи ду кишвар ёдовар шуд ва дурнамои ин њамкорињоро нек арзёбї кард. Ў ќайд кард, ки баъд аз пайвастани Тољикистон ба Созмони Умумиљањонии Савдо ва мутобиќ кардани асноди њуќуќии ин кишвар бо меъёрњои байналмилалї, маќомоти тољик љињати фароњам овардани шароити мусоид барои кори сармоягузорони хориљї ба кишвар иќдомоти бештареро рўйи даст хоњанд гирифт. Ба гуфтаи вай яке аз ўњдадорињои давлати Тољикистон дар пеши ин созмон аз миён бурдани монеањо дар роњи љалби сармояи хориљї ва таъмини кафолат ба сармоягузорон дар бораи дастёбї ба даромад аз ин сармоя хоњад буд. Њамраиси Шўрои њамкории Љумњурињои Белорусу Тољикистон Вячеслав Реута зимни сухани шодбошї тамоюли рушди њамкорињои дуљонибаро муњиму сариваќтї арзёбї карда, њавасмандии доирањои васеи соњибкорони кишварашро бањри вусъат бахшидани он муњим донист. Бо намояндагї аз њайати соњибкорони Љумњурии Тољикистон муовини раиси раёсати ЉСК "Тољиксодиротбонк" Заррина Њалимова гуфт, ки дар шароити феълї барои њамкорињои судманди соњибкорони ду љумњурї заминањои њуќуќї фароњам оварда шудааст. Бино ба иттилои сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Белорус дар Тољикистон Олга Гаврук гардиши мањсулот миёни ду љумњурї сол то сол меафзояд. Чунончи, ин нишондод соли 2012 ба 57,7 миллион доллари амрикої расид. Имрўз аз Белорус ба Тољикистон асосан мањсулоти ѓизої, мебел, бал-

Ойина

Я

К воќеияти талху дар доваре, ки ростї моро пайваста ба тањлука меорад, ин аст, ки солњои охир мо ба дарди зоњирнигариву суратпарастї мубтало шудаем. Дар аксар маврид мо ба масоиле таваљљуњ зоњир мекунем, ки матрањ кардани онњо он ќадар зарурат надорад. Масалан, њини тадрису таълим дар мактабњои миёна ва њатто донишгоњу донишкадањо мо аз канори иборањои "њуввияти миллї", "арзишњои миллї", "ифтихори миллї", "вањдати

лони мошин, маводи доруворї, техникаи хизматрасонї барои рўзгор (яхдон, мошини либосшўии "Атлант"), баллони газ, мањсулоти сохтмонї, мисли ДСП, ДВП, фанер ва ѓайра ворид мешавад. Тољикистон бошад ба Белорус нахи пахта ва меваи хушк содир мекунад. Бо маќсади васеъ ба роњ мондани њамкорињои дуљониба Шўрои њамкории соњибкорониТољикистону Белорус таъсис ёфтааст, ки њамраисии ин Шўроро аз љониби Тољикистон раиси ЉСК "Тољиксодиротбонк" Тољиддин Пиров ба ўњда дорад. Љаласаи нахустини ин Шўро рўзњои 26-27 октябри соли 2011 нишон дод, ки љонибњо барои амалї сохтани лоињањои муштарак њавасманданд. Љумњурии Белорус њамчунин барои тањкими робитањои минтаќавї бо Тољикистон майл дорад. Чунончи, миёни маќомоти иљроияи вилояти Витебски Белорус ва вилояти Суѓди Тољикистон Созишномаи тиљоратї-иќтисодї, илмї-техникї ва њамкории фарњангї аз 26 апрели соли 2012 амал мекунад. Як ќатор созишномањо миёни шањрњои Душанбе ва Минск ба тасвиб расидаанд. Алњол сафорати Љумњурии Белорус дар Тољикистон бар он мекўшад, ки соли равон намоишгоњи мањсулоти Белорус дар кишвари мо баргузор гардад. Дар љаласа њамзамон соњибкорони њар ду кишвар дар мавриди њамкорињои мутаќобилан судманд ибрози андеша карданд. Дар њамин њол як рўз ќабл аз мулоќоти доирањои васеи соњибкорони ду кишвар љаласаи комиссияи њамкорињои байнидавлатии Тољикистону Белорус баргузор гардид. Роњбарони њайатњои комиссияи муштарак дар суханронињои худ бо ишора ба имкониятњои мављуда дар ду кишвар њамкорињои иќтисодї ва њаљми табодули молу мањсулотро миёни Белорус ва

миллї", "манфиатњои миллї" ва монанди инњо аксар маврид беэътино гузар мекунем. Њол он ки онњо вожањои калидии ватанпарастии мо мањсуб мешаванд. Бидуни донистани дарунмоя ва дарк кардани муњтавои онњо оё метавон ватанпарасти асил ва содиќ буд? Беэътиної ба ин калидвожањо боиси он мегардад, ки онњо ба шиорњои хушку нўгизабонї табдил ёбанд. Вале агар мо бо ин мафњумњои муќаддас лоќайду бепарво муносибат кунем, ватанро шинохтан амрест муњол. Роњбари давлат њамвора таъкид мекунад, ки барои тарбияи

Тољикистон нокофї маънидод карданд. Бунёди корхонаи васли ќисмњои тракторњои Белорус дар Тољикистон дар мењвари кори комиссия буд. Ќосим Ќосимов, вазири кишоварзии Тољикистон дар мавриди замони роњандозии таъсиси ин корхона гуфт, ки тавофуќ дар робита ба сохтмони ин муассиса ба даст омадааст ва барои сохтани он дар Тољикистон як миллиону 500 њазор доллар сармоя зарур аст. Бино ба андешаи вазир таъсиси корхонаи васли тракторњои Белорус дар Тољикистон арзиши онро барои кишоварзони мо коњиш медињад ва ин на танњо ба суди кишоварзони кишвар хоњад буд. Вай мегўяд: "Тибќи наќша дар ин корхона дар соли аввал 250 трактор васл хоњад шуд, вале баъдан бо таваљљуњ ба ниёзи кишварњои њамсоя, аз љумла Афѓонистон ва Покистон мо метавонем дар як сол њазор адад тракторро васл кунем." Ёдовар мешавем, ки муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Белорус моњи сентябри соли 1996 оѓоз шудааст. Дар ин

муддат 50 созишномаи њуќуќї миёни ин кишварњо ба имзо расидааст. Бино ба маълумоти Корпоратсияи байналмилалии молиявї ва Бонки љањонї Љумњурии Белорус дар соњаи тиљорат соли 2012 дар миёни 183 кишвари дунё маќоми 69-умро ишѓол кард. Президенти Белорус маќсад гузоштааст, ки кишвараш давоми солњои наздик бояд ба ќатори 30 мамлакати аз љињати тиљорат пешрафтаи дунё шомил шавад. Ба андешаи коршиносони Бонки љањонї тайи солњои охир дар љумњурї дар ин самт ислоњоти мусбї ба назар мерасад. То 1 январи соли 2012 дар ин љўмњурї 5,8 њазор субъектњои њољагидорї бо сармояи хориљї, аз љумла 2,4 њазор ташкилотњои хориљї фаъолияташонро ба роњ мондаанд. Шарики асосї дар ин самт Федератсияи Русия мањсуб мешавад. Њамчунин натиљањои бадастовардаи њамкорињои дуљонибаи сармоягузорї бо Кипр, Олмон, Нидерландия, Италия, Британияи Кабир, ИМА, Лањистон, Литва ва Латвия назаррас аст.

Алиљон ЉЎРАЕВ

Чашмњоро бояд шуст… љавонон дар рўњияи ватандўстї бояд њамеша талош варзид. Дар ин масир чї хуб мебуд агар дар муассисањои таълимї фанњои вижае, ки эњсоси ватандўстии толибилмонро боло мебаранд, љорї карда шаванд. Чаро мо то кунун дар макотиби миёна ва донишгоњњо чунин фанњоро љорї накардаем? Њол он ки онњо бояд муњимтарин фанњои таълимии мо бошанд. Фанњои забон, адабиёт, таърих ва монанди инњо албатта метавонанд њисси ватанпарастиро дар дили

хонандагон бедор кунанд, вале фанни фарогиртару пурѓунљоише мебояд, то дар шинохти сањењи ватан ва мафњумњои муќаддаси марбут ба он мусоидат кунад. Имрўз мафњумњои "манфиати миллї", "њуввияти миллї" дар сањифањои баъзе рўзномањо ва сомонањои интернетї ба дастхуше табдил ёфтаанд, ки онњоро њар касе ба таври худ тафсир мекунад. Аз истифодаи нодурусту бељои ин мафњумњо пайдост, ки мо њанўз ба умќи чунин мафњумњои муќаддас

фурў нарафтаем. Танњо ба таври сатњиву рўякї гоњ-гоње онњоро ба забон меорему бас. Ёд дорам, њини дар донишгоњ тањсил кардан устоде аз як гурўњ донишљўён хоста буд, ки мафњуми "арзишњои миллї"-ро шарњ дињанд. Вале мутаассифона донишљўён дар баробари ў хомўшу мулзам монданд. Пас оё љорї кардани фанни вижаи ватаншиносї (шартан чунин ном мегузорем) дар муассисањои таълимї зарур нест?!


Оид ба зарурати пешнињоди масъалаи мазкур ва амалї гардидани он мо тасмим гирифтем, ки фикру андешањои мутахассисони гуногунро бифањмем: Руќияи ДАВРОНШОЊ, шоира, сармуњаррири рўзномаи "Оинаи зиндагї" - Њанўз аз даврањои ќадим масъалаи никоњи хешутаборї бањси доманадоре дар байни мардум барпо мекард. Бархе бар он аќидаанд, ки чунин никоњ оќибати хуб дорад, зеро муомилаи одамони бо риштаи хешутаборї пайваста, баъди барпо намудани оила боз њам мустањкамтар мегардад. Лекин зиндагї пастию баландињои худро дорад. Мабод он лањзае, ки ин риштаи хешутаборї гусаста гардад. Тассавур кунед, ки дар натиљаи људо шудани зану шавњар тамоми ањлу авлоди табор нисбати њамдигар як њисси бадбинї пайдо намуда, алоќаи хешутаборї мавќеи худро гум мекунад. Њатто дар ин бора масали халќие њам њаст, ки нисбати издивољи хешу таборист, яъне "ќудо шудї-људо шудї" Таљрибаи зиндагї бисёр њолатњоеро шоњид аст, ки никоњи хешутаборї оќибати на он ќадар хубро дорад. Њатто он лањзањое, ки духтару писари хешу табори наздик нисбати њамдигар муњаббати зиёде дошта бошанд њам, фарзандони аз ин издивољ ба дунё омада мариз, ё худ бо иллатњои модарзодї чашм ба дунёи равшан мекушоянд. Гарчанде ки дар Бадахшон њодисаи издивољи хешутаборї кам аст, аммо ањён-ањён ба назар мерасад. Ба маврид аст, ки ин ќонун пешнињод гардид. Замира ШЕРОВА, омўзгор - Нахуст бояд ба ин суол посух дињем, ки бардоштани ин масъала аз чї далолат мекунад? Аз он, ки то њанўз њангоми интихоби њамсар волидон ба љои фарзандон тасмим мегиранд. Аввал бояд ин масъаларо ба танзим дарорем. Яъне набояд ин тур бошад, ки волидон касеро интихоб карданд, новобаста аз он, ки ин духтари хола аст ва ё духтари њамсоя, фарзанд бояд њатман бо њамон издивољ кунад. Ин љо хоњиши фарзандон низ бояд ба инобат гирифта шавад. Касе андеша њам намекунад, ки бунёди оила бояд дар заминаи мењру муњаббат сурат гирад, вагарна он паёмади нек надорад. Андеша мекунам, ки ин масъала бештар ба љанбаи ахлоќ, љањонбинї ва сатњи маърифати љомеа дахл дорад ва мо бояд дар ин самт кор кунем. Дар байни мардум таблиѓот барем, ки издивољи иљборї набошад. Дигар зару рат ба њ ељ ќонун нест. Фарзанд касеро, ки интихоб кард ва ба ў дил баст, дилдодааш аз хешон аст ё бегона, аз Суѓд аст ва ё Хатлону Бадахшон, барояш монеа эљод накунем, то дилаш аз зиндагї сард нагардад. Ин муњимтар аст….

7

НАЗАРПУРСЇ

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Имрўзњо дар атрофи пешнињоди вакили парлумони Тољикистон Саодат Амиршоева оиди манъи издивољи хешу таборї сару садоњои зиёде пайдо шудаанд. Хотиррасон мекунем, ки Саодат Амиршоева издивољи хешутабориро яке аз омилњои манфї ва носолими љомеа арзёбї карда, лозим мешуморад, ки ба Кодекси оила оиди ин масъала иловаю таѓйирот дароварда шавад. Иќдоми ин ташаббус аз суњбати вакили порлумон бо интихобкунандагонаш сар задаст. Вобаста ба ин гурўњи корї бо сарварии Назира Ѓаффорова - муовини раиси Маљлиси намояндагон, муддати ду моњ пешнињоди мазкур њаматарафа тањлил шуда, хулосаи он ба парламент пешнињод мегардад.

Никоњи хешутаборї

ЧЇ ПАЁМАД ДОРАД?

Алибердї МУЛЛОЕВ, номзади илми тиб - Њаќиќатан, ќонунан манъ кардани никоњи байни хешутаборї ба андешаи ман сари ваќт аст. Њамчун табиб аз рўйи таљрибаи кориам медонам, ки шумори кўдакони маъюб ва беморињои ирсї аз боиси никоњи хешутаборї хеле зиёд аст ва њатто, агар ба насли аввалааш таъсире накунад њам, ба наслњои оянда њатман таъсири манфї мерасонад. Албатта, бо сабабњои дигар њам, кўдакони маъюбу иллатдор ба дунё меоянд, аммо мувофиќи маълумоти Вазорати тандурустї 80 дарсади ин кўдакон дар никоњи хешутаборї таваллуд шудаанд ва якумр њам кўдаку њам падару модар азоб мекашанд. Ва барои он ки насли солим ба дунё биёяд, масъулияти табибон хеле баланд бояд бошад. Њар як табиби оилавї бояд

Воќеияти дардбори дигареро зикр мекунем. Мусаллам аст, ки пас аз хатми мактаби миёна аксари љавонон ба муњољират рўй меоранд, ба он љое, ки воќеан имтињонгоњи онњост. Вале тавре ки дар воситањои ахбори омма мебинему мехонем, иддае аз онњо бо фиребу њилла кисаи худро бо "пиставу бодом" пур карда, љайби њамватанони худро пур аз "чормаѓзи пуч" мекунанд, бо њамдигар хусумат меварзанд ва њатто баъзан аз дасти њамдигар ба ќатл мерасанд. Оё чунин ќазияњои дардомез зарурати љорї кардани фанњои ватаншиносиро дар муассисањои таълимї дучандон зиёд намекунанд?! Аламовар ва мояи њайрат аст, ки дар чунин њолу њаво дар баъзе муассисањои

корњои фањмондадињиро оиди зиёни никоњи хешутаборї байни ањолї пурзўр намуда, маърифати тиббии мардумро баланд бардорад. Мањмуд КАБИРЇ, равоншинос - Ин ќонун хеле хуб аст ва ба фикрам зарурати дохил кардани он ба Кодекси оила њаст. Олимони тиб муайян намудаанд, ки дар натиљаи пайвастшавии генњои љуфт имконоти пайдошавии касалихои ирсї дар никоњ и хешутаборї бештар аст. Аммо аввал бояд заминањои онро тайёр кардан даркор аст. Барои ин ваќт даркор аст ва ќонун бояд аз зинањои муайян гузарад. Њоло минтаќањое њастанд, ки аз рўйи урфу одат, менталитети мањал никоњи хешу таборї барои онњо њамчун як чизи муќаррарї аст. Аввал бояд роњи њалшавии ин проблемањоро нишон дињем, фарњангу маърифат-

таълимї масъалањое матрањ мешаванд, ки аслан зарурате надоранд. Рўзњои охир мољарои наве дар яке аз донишгоњњо дар сархати воситањои ахбори омма ќарор гирифт. Журналистони тољик гирди ин њангома мисли анкабут тор таниданд. "Ќањрамонї"-и навбатї ин буд, ки корњои сатњи садорат якбора ба сатњи пошнаи кафш фароварда шуд. Ин дар њолест, ки имрўз мактабњои мо ба омўзгорони љавони лаёќатнок эњтиёљи зиёд доранд ва дар дењоти дурдаст муаллимон намерасанд. Барои муассисањои тањсилоти олии мо ин мушкил муњимтар аст ё пошнаи пойафзол? Мутаассифона, чунин масъалањои љузъї аксар маврид ба масъалаи мењварї табдил меёбанду масъалањои мубрамтару доѓи рўз аз ќабили мушкили мавриди на-

ро баланд бардорем, он ваќт ќонун бошуурона ќабул мешавад. Махсусан, ба тарбияи духтарон, ки тарбиятгари ояндаанд, диќќати махсус бояд дод. Духтарон аввал касб бояд омўзанд, зиндагиро фањманд, баъд оиладор шаванд. Ватан АБДУРАЊМОНОВ, њуќуќшинос - Ба фикрам шарт нест, ки барои њалли ин проблема ба Кодекси оила таѓйирот дарорем. Дар моддаи 14 Кодекси оила оиди манъи никоњи хешу таборї гуфта шудааст. Аз нуќтаи назари њифзи њуќуќи байналмилалии инсон, агар назар кунем, ин дахолат ба озодии њар як шахс аст. Охир, мо дар кишвари демократї зиндагї мекунем. Барои њалли ин масъала пеш аз њама савияи донишу маърифат ва љањонбинии мардумро пеш бурдан дар-

зари мо дар њошия ќарор мегиранд. Мисоли дигар. Чанде пеш аз љониби Кумитаи забон ва истилоњот эълом карда шуд, ки њарфи "ў" бояд бамавќеъ ва дуруст истифода бурда шавад. Дар сурати истифодаи бемавќеи он њатто љазо муќаррар карда шуд. Ва ин њам дар њолест, ки ќисмати зиёди зиёиёни мо, њатто баъзе роњбарон ва кормандони давлатї забони тољикиро хуб намедонанд. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон зимни баромадњои худ њамеша бо забони нобу шевои адабии тољикї сухан меронад. Чаро ин суханронињо барои роњбароне, ки бо забони адабї хуб гуфтугў карда наметавонанд, намунаи ибрат намешаванд?! Њамзамон имрўз дар мактабњои миёнаи музофотњои мухталифи кишвар забони адабии тољикї яксон љорї карда нашу-

кор. Инсон бояд ба њама чиз бошуурона муносибат кунад ва дарк намояд, ки чї чиз бар зарараш њасту чї бар фоидааш. Асадулло МУЛЛОЉОНОВ, номзади илми фалсафа - Дар атрофи масъалаи никоњи хешу таборї бањсу мунозирањои зиёде дар љараён ас т. Ќишрњ ои му хталифи љомеа фикру андешањои худро марбут ба ин масъала дар сањифањои рўзномаю маљаллањо ва суњбатњои алоњида иброз медоранд. Бархе аз онњо масъалањои мазкурро њамчун иќдоми манфї маънидод намуданд, дигарон онро љонибдорї мекунанд. Ба андешаи банда никоњи хешутаборї аз њама љињат, бахусус аз љињати ахлоќї амали носавоб аст. Бубинед, љомеањои тамаддунї кайњост, ки аз чунин падидаи манфии иљтимої даст кашиданд. Аммо мо то њол дар чорчўби тафаккури хешутаборї побанд њастем. Аксарияти хонаводаи тољик хонадор шудани фарзандони худро бо оилањои ба истилоњ "бегона" фољеаи оилавии худ мехонанд ва намегузоранд, ки писар ва ё духтарашон бо каси бегона оила барпо намояд. Ин иќдом аз он далолат мекунад, ки њоло мо аз хурофоти танги хешутаборї набаромадаем. Аммо бояд донист, ки худи њаёт масъалањои зиёдеро, ки хилофи ахлоќи љомеа њастанд, ислоњ менамояд. Имрўз назар ва муносибати насли љавон бо чунин падидањои њаётї хело таѓйир ёфтааст. Аксарияти онњо намехоњанд, ки бо хешони худ издивољ кунанд. Банда чунин иќдомњои мусбатро, ки љавонони мо бо таќозои замон мегузоранд, иќдомњои солим ва барои миллат хеле муфид арзёбї менамоям. Карим АКРАМОВ, њуќуќшинос - Ба аќидаи ман чунин пешнињоди вакили парлумони кишвар чандон дуруст нест. Дар љомеае, ки нормањои демократї тадриљан рушд ва тавсеа ёфта истодаанд, ќабули ќонун ё ягон њуљљати дигар оид ба манъ намудани никоњи хешутаборї хилофи майлу хоњиши шањрвандон ва низоми демократї аст. Озодии инсон бояд дар ташкили њаёти оилавї низ ба инобат гирифта шавад.. Ва ин масъала набояд аз боло њамчун директива ё худ нормаи зиндагии инсон тањмил шавад. Бисёр хуб мешуд, ки иллати ноќис тавлид шудани кўдак дар оила ва носолимии ўро дар мањдудиятњои њаёти иќтисодї, пурра фаро гирифта нашудани ањолї ба хизматрасонии тиббї, ришваситонї њангоми табобат ва маданияти паст нисбати саломатии ху д аз љониби ањолї бояд љустуљўй намуд. Зиёда аз ин, пеш аз он ки чунин икдоми бељо ва беоќибатро гузоштан, онро њамаљониба омўхта, асосњои иќтисодиву иљтимої ва тиббию равоншиносиро ба ќишрњои гуногуни љомеа бояд фањмонд. Таљриба нишон медињад, ки ташаббусњои беасос на танњо амалї намегарданд, балки оќибатњои ногуворро ба бор меоваранд.

А.САЛОМАТШОЕВА

дааст, бештар лањља нисбат ба забони адабї авлавият пайдо кардааст. Мушкилоти зиёди дигаре низ дар ин самт вуљуд дорад, ки њалли худро мехоњад. Дар њоле, ки сад муаммову мушкилоти умдатар дар пешорўйи мо ќарор дорад, шояд аз ба майдони бањс кашидани пошнаи пойафзолу барои истифодаи нодурусти њарфи "ў" љазо муайян кардан парњез кунем?! Дар ин росто оё бењтар нест, ки даќиќназару даруннигар бошем, то бо дарки сањењи мафњумњои "њуввияти миллї", "вањдати миллї", "манфиатњои миллї" Ватанро бишносем. Дар ин љода ба ќавли Сўњроби Сипењрї: Чашмњоро бояд шуст, љури (таври) дигар бояд дид".

Толиби ЛУЌМОН


8

ЧАШМАНДОЗ Дигар љињати манфї дар бахши хизматрасонии наќлиётї дар Тољикистон, ба хусус дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа ва ѓайра тангбар будани роњњо ва надоштани камерањои назоратї дар чорроњаю роњњои доиравї ва он љойњое, ки эњтимолияти сар задани садамањои наќлиётї бештар аст. Масъулин ва маъмурони маќомоту хадамотњои кишварро зарур аст, ки таљрибаи кишварњои пешрафтаи љањонро дар самти манфиати насб намудани камерањои назоратї ва сабткунандаро омўхта, тањлил намуда, онро дар шароити Тољикистон татбиќ намоянд. Фаразан, ваќте садамаи наќлиётие рух дод, шарт нест, ки то омадани кормандони БДА интизор шуд ва ба њаракати дигар автомобилњо халал расонд. Ба хусус, дар шањри Душанбе ин њолатњо бисёр ба назар мерасад, ки он боиси њам нороњатии шањрвандони дохилї ва њам мењмонони хориљї мегардад. Ваќте камераи назоратї ва сабткунанда бошад, дар ин њол зуд бояд автомобилњои махсус оварда, автомобилњои дар њолати ваз-

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

ќарор доранд ва дорои истгоњњои махсуси зеризаминї ё истгоњњои серошёна барои наќлиёти автомобилї мебошанд. Ин таљрибаро низ мо метавонем истифода намоем. Ѓайр аз ин, бозорњои номбаршуда бояд бо сабки меъмории шарќї ва дорои растањои људогона, истгоњњои махсус барои наќлиёт ва љавобгўи меъёру талаботњои муосири байналмилаллї берун аз шањр бунёд карда шаванд. Бунёди шоњроњи њалќавии наќлиётї дар атрофи шањри Душанбе низ, ин мушкилотро то андозае бартараф менамояд. Дар њолати мављуд будани шоњроњи њалќавї дар атрофи Душанбе, метавонем ба дохили шањр надаромада, ба нуќтаи дилхоњамон бирасем. Ё ин ки њаракати автомобилњои калонњаљм ва борашон вазнинро дар баъзе роњњои пойтахт мањдуд намоем. Масъалаи дигари муњим таъмири роњњои автомобилгард ва ё кўпруку роњњои зеризаминї мебошад. Моњи сентябри соли 2012 бо амри таќдир ба муњлати як њафта барои табодули таљриба вобаста ба соњаи туризм ба

БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ХИЗМАТРАСОНЇ

ДАР НАЌЛИЁТ Наќлиёт яке аз ќисматњои муњими базаи моддїиќтисодии њар як кишвар буда, наќши он дар дар рушди тамоми соњањо бузург аст. Њукумати Љумњурии Тољикистон барои сохтмон ва таљдиди роњњои автомобилгард, бо љалби институтњои молиявии хориљї 11 лоињаи инвеститсиониро ба маблаѓи 354 миллион сомонї амалї карда истодааст.Таљдиди роњи автомобилгарди Душанбе-Ќўрѓонтеппа-Кўлоб, марњилаи аввали сохтмони роњи автомобилгарди Шаѓон-Зиѓар, Шкев-Зиѓар ба анљом расид ва мавриди истифода ќарор дода шуд. Ин имкон дод, ки роњи доимамалкунанда ба ВМКБ кушода шавад. Марњилаи якуми таљдиди роњи Душанбе-Нуробод-ЉиргатолСаритош бо љалби сармояи хориљї ба маблаѓи 72 миллион сомонї бо ёрии мутахассисони Љумњурии Мардумии Чин оѓоз гардидааст. Корњои лоињакашї ва сохтмонї марњилаи дуюму сеюми ин роњ дар ояндаи наздик иљро карда мешавад. Танњо дар тўли дањ соли ахир, бо љалби сармояи хориљї ва дохилї зиёда аз 20 лоињањои хурду бузург амалї гардиданд. Дар натиља зиёда аз 1580 км. роњи автомобилгард таъмир, 20 кўпрук бо дарозии 7704 метр ва 21 километр наќбњо сохта шуд. Барои амалї гаштани ин лоињањо 947 млн. доллар људо карда шудааст. Имрўз аз ин 20 лоиња 11 тоаш дар њаљми 757 млн. доллар ба анљом расидааст. Бунёд, таъмир ва тармими шоњроњи Душанбе - Турсунзода, Кўлоб - Ќалъаихумб, бунёди наќби Шањристон ва Чормаѓзак ба ин лоињањо дахл доранд. Дар шоњроњи Душанбе-Хуљанд сохтмони наќби Анзоб ба маблаѓи 120 миллион сомонї идома дорад. Дар сохтмони ин наќб мутахассисон аз Љумњурии Исломии Эрон кор карда истодаанд. Корњои лоињакашї ва сохтмони панљ кўпрук аз болои дарёи Панљ дар мавзењои Фархору Шўробод, Дарвоз, Панљи поёну Ишкошим, ки тавассути ќаламрави Афѓонистон ба бозорњои нав ва бандарњои љањонї баромадани Љумњурии Тољикистонро таъмин менамоянд, идома дода мешаванд. Њоло кўпрукњо дар мавзеи Дарвоз ва Ишкошим ба истифода дода шудаанд, ки ба шарофати ин дар ноњияи Дарвоз бозори муштараки ин ноњияи Тољикистон ва вилояти Файзободи Афѓонистон дар як њафта як бор рўзњои шанбе аз соати 8 сањар то соати 15:00 ташкил карда шудааст. Боиси хурсандї аст, ки терминали мусофиркашонии шањри Душанбе (собиќ автовокзал) аз марњилаи таъмиру таљдид баромада, бо ташаббуси соњибкорони дохилию хориљї ба ин љо 40 автобуси мусофиркашони

њозиразамони тамѓаи олмонї ва 40 автомобили тамѓаи Тойота Кемрї барои хизматрасонии таксї аз кишвари Туркия ба Тољикистон оварда шудааст, ки онњо дар хатсайрњои наздишањрї ва байниминтаќавї ба хизматрасонї шуруъ кардаанд. Њамаи ин амалњо аз он шањодат медињанд, ки фаъолиятњо ва сифати хадамоти наќлиёти Тољикистон дар ояндаи наздик боз њам бењтар ва роњаттар мегардад. Барои пешрафти соњаи наќлиёт, ки ба рушди соњањои мухталифи хољагии халќ, аз љумла саноати сайёњї таъсир мерасонад, имрўз дар Тољикистон бояд чї корњоро ба анљом расонем? Пеш аз њама таъмиру таљдид ва ба талаботи байналмилалї мутобиќ намудани сифати роњњои автомобилгард, дар минтаќањои гуногуни кишвар барои ронандагони наќлиёти автомобилї мењмонхонањои сарироњїмотелњоро бояд бунёд намуд (таљрибаи Амрико), дар назди вокзалњои роњи оњан ва фурудгоњњои њавоии кишвар низ, мењмонхонањо ва тарабхонањои ба талабот љавобгў бунёд намудан лоз��м аст. Ба роњ мондани хизматрасонии иљорадињии автомобилњо, автобусњо ва микроавтобусњо ба мењмонони хориљї аз тарафи ширкатњои наќлиётї ва ё аз љониби муассисањои давлатии наќлиётї. Инчунин барои мењмононе, ки тавассути наќлиёти шахсї ба Тољикистон меоянд, осон ва оддї гардонидани њуљљатгузорињои наздисарњадї, ки ин амалњо ба рушду тараќќии саноати сайёњї мусоидат менамоянд. Ѓайр аз ин, бояд ба минтаќањои људогонаи Тољикистон, ки дорои объектњои таърихию фарњангї ва меъморї њастанд, хатњои дуюму сеюми роњи оњан сохта шуда, дар онњо локомотив ва вагонњое, ки ба таври шарќї ва бо хусусиятњои этникию миллии тољикї муљањњаз ва ороиш дода шуда бошад, кормандонаш бо сару либосњои миллии тољикї ба хизматрасонї машѓул шаванд. Ва чунин хатсайрњои туристию экскурсионї ба мавзеъњои љолибу диданї ба мисли кўлу мамнуъгоњњо, боѓњои табиї, осорхонањо, иморатњо ва маљмаањои меъморї, объектњои таърихї мисли Ќалъаи Њисор, Ќалъаи Њулбук, ба мавзеи Саразм ва умуман дар манотиќи гуногуни кишвар, аз љумла дар вилояти Суѓд, Хатлон ва ВМКБ ташкил карда шавад. Дар наздикии истгоњњои роњи оњан дењкадањои сайёњї бояд таъсис дода шаванд. Инчунин ташкили хизматрасонию чорабинињои гуногун дар ќаторањо хуб мебуд.

нин, корношоям ва њаракатнакунандаро болои он ба љои лозима бурдан мумкин аст. Автомобиле, ки садамаи андаке гирифтааст, аз роњ яктарафа карда, бо кўмаки навори камерањои назоратї воќеаро баъдан њамроњи кормандони бозрасии давлатии автомобилї тањлил ва бањогузорї кардан мумкин аст. Хуб мешуд, камерањои назоратиро дар нуќтањои мухталифи шањр, инчунин дар чароѓакњо насб намуда, онњоро аз як дастгоњи марказї идора намоем, зеро дар ин њолат онњое ки њангоми сурх будани чароѓак ба ќоидаи њаракати роњ эътибор надода, ба ќонунвайронкунї даст мезананд, зуд маълум менамоем. Ва зарур аст, ки ба чунин гунањкорон маълумотномаи иттилоотї бо нишон додани љарима фиристода шавад. Дар њолати дуюм ва сеюм маротиба вайрон кардани ќоидањои њаракати роњ бигзор гунањгорро аз њуќуќи истифодаи наќлиёт мањрум намоянд. Манфиати истифодаи камерањои назоратї инчунин дар он аст, ки сатњи ќонунвайронкунию ќоидавайронкунї ва аз њама муњим сатњи гирифтани ришва ва фасод дар ин соњаи хизматрасонї паст мешавад. Инчунин ќувваю иќтидори мењнатї камтар сарф мешавад. Яъне дар чунин њолат мављудияти корманди зиёд дар бозрасии давлатии автомобилї лозим намешавад. Масъалаи дигаре, ки имрўз на танњо шањрвандони дохилї, балки мењмонони хориљиро низ то андозае нороњат месозад, ин мављуд будани баъзе бозорњо дар пойтахти кишвар ва њаракати наќлиёт аз назди онњо мебошад. Аз ин сабаб, бењтар мешуд, бозорњои фурўши мошин, бозори "Корвон", "Ганљина" аз марказ ба як канори шањр, ки ба рафтуомади шањрвандон ва мењмонони хориљї халал нарасонда мушкилї эљод накунад, кўчонида шавад, зеро дар аксари кишварњои пешрафта маѓозањои бузурги тиљоратии чандиношёна мављуд аст, ки онњо берун аз шањр

ИМА рафта будем. Дар аснои сафар аз зери як кўпрук, ки њам аз зери он ва њам рўи он автомобилњо њаракат мекарданд, гузаштему њамсуњбати амрикої гуфт, ки шањри Орем дар љањон ягона шањрест, ки дар он кўпрукњои насбшаванда месозанд. Ва наќл кард, ки њамон кўпрукро рўи роњ, ки бари роњ таќрибан 30 метр зиёдтарро ташкил медод, дар муддати 2 рўз бо њам васл кардаанд, ки дар ин муддат ба њаракати ягон мошин халал нарасондаем. Рўзи якум як бахши роњро банд карда, кўпрукро насб намудем, рўзи дуввум ин бахшро барои њаракати наќлиёт озод карда дар бахши дигари роњ кўпрукро насб намуда, онњоро бо њам васл ва устувор гардондем. Вале дар мо њанўз фаъолияти роњсозони мањаллї заиф буда, кор дар ин самти таъмири роњњои дохилишањрї моњњо тўл мекашад ва боиси дар љодањо ба вуљуд омадани "пробка" мегардад. Имрўз ба шарофати истиќлолияту вањдати миллї таъмиру таљдиди роњњои автомобилгард, сохтани пулњо дар дарёи Аму байни Тољикистону Афѓонистон, бунёди нерўгоњњои хурду бузург, бунёди мактабу иморатњои њозиразамон дар ноњияву вилоятњои кишвар ва дигар корњои созандагиву бунёдкорї дар Тољикистон имконпазир гаштааст. Чунин ташаббускорї ва давом додани корњои бунёдкорию созандагї пойтахт ва кишвари азизамонро дар оянда ба макони љолибу дидание табдил медињад. Дар ќатори ин корњои ободонї ва созандагї, агар ин пешнињодњои мо низ дар наќшаю дурнамои фаъолияти шањрдорї дар шањри Душанбе ва умуман дар шароити Тољикистон банаќша гирифта шавад ва марњила ба марњила амалї гардонида шавад, он гоњ хизматрасонињои наќлиётї бењтар ва кишварамон боз њам љолибу диданитар мешавад.

Муродалї АШЎРАЛИЕВ


Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва љавон, аз ќадимулайём њамеша яке аз мавзуъњои муњими љомеаи инсонї ба шумор мерафту меравад. Ин аз он масоили абадии њаёти иљтимоист, ки дар њама давру замон рўзмарра боќї хоњад монд, зеро њар як марњилаи таърихї пешорўи инсонњо проблемањо ва вазифањои нав ба вуљуд меорад.

М

АРЊАЛАИ кунунии таърихи ин соният аз ин раванд истиснонест. Равандњои имрўзаи љањонишавї дар ќазияњои вобаста ба худшиносии миллї, ватандўстї ва ахлоќу одоби њамида проблемањои наверо рўи кор овардаанд, ки бояд роњњои њалли онон љустуљў гарданд. Сарвари Давлат Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон, ки ба масъалањои таълиму тарбия диќќати аввалиндараља медињанд, дар ин хусус ба ањли љомеа таъкидот ва гўшзадњои зиёд доранд. Аз љумла, яке аз таъкидоти ўро, овардан бамаврид аст: "... дар шароити имрўзаи љањонишавї риояи меъёрњои ахлоќї, ташаккули мањорату малакаи донишомўзии фарзандон, дар канор намондани онњо аз суръати баланди рушди илму техникаи муосир, дарк намудани рисолати аслии хеш дар љомеа эњтиром ва арљгузорї ба арзишњои умумимиллї аз волидайн, мактаб ва ањли љомеа масъулияти дучандро талаб менамояд". Дар рушди маънавию ахлоќии кўдакон, наврасон ва љавонон мањз раванди таълиму тарбия наќши муњим дорад. Чунин тасдиќро ба кадом маънї бояд фањмид? Ба андешаи мо ин ду вожа, яъне "таълим" ва "тарбия", дар баробари мафњумњои мустаќил будан, ду рукни аз њам људонашавандаанд, ки якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Мањз аз тариќи таълими муназзам, ба василаи љараёни интиќоли бошууронаи аз худ кардани дониш, раванди маърифат ва тарбия амалї мегардад. Оѓозгоњи он оила аст, даќиќтараш таълиму тарбия дар муњити оила, ки наќши он пас аз ба муассисањои таълимї рафтани писарону духтарон низ њамоно боќї мемонад. Гузашта аз ин, амалї шудани раванди тарбия, яъне љараёни таъсири бамарому пайгирона, насли наврасу љавонро ба сўи аз худ кардани дониш рањнамун месозад. Ба ибораи дигар, мањз писару духтари ботарбия кўшиш ба харљ медињанд, ки бењтару хубтар тањсил намоянд. Ин аст, ки мафњумњои таълиму тарбия ба њамдигар робитаи ќавии узвї доранд ва якеро аз дигаре наметавон људо намуд. Яке аз муњимтарин василањои тарбияи љавонон пандномаву андарзномањое мебошанд, ки аз замонњои ќадим дар муњити аљдоди тољикон шуњрати хосса

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

ЊИКМАТИ НИЁГОН ВА АХЛОЌИ ЉАВОНОНИ ИМРЎЗА доштанд. Онњо насли наврасу љавон ва дар умум кулли мардумро ќабл аз њама ба накўкориву ростќавлї даъват менамуданд, ки њанўз дар њикмати ниёгони мо "пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек" љамъбаст шуда буд. Ин њикмати азалї ва умумибашариест, ки дархури њама давру замонњо, аз љумла даврони мост. Ин њикмати ниёгон бавижа дар љомеаи кунунии мо ањамияти бузург дошта, пойдевори тарбияи миллии њар як шањрванди давлати соњибистиќлол бояд бошад. Нахустин пойдевори таълиму тарбия ва одоби њамида, њанўз дар китоби муќаддаси ниёгони мо "Авасто" гузошта шуда буд. Барои ниёгони мо нерўи равшаниву некї ба нерўи торикиву бадї авлавият дошт, аз ин лињоз камоли инсон тибќи накўкории вай санљида мешуд. Њикматњои авастої заминаи муътамаде шуд барои рушд ёфтани жанри андарзнома дар адабиёти тоисломии халќи тољик - адабиёти пањлавї. Дар ин замина ниёгони мо осори гаронбањое офаридаанд, ки бархе аз он то замони мо омадааст, ба монанди: "Андарзи доноён ба маздопарастон", "Андарзи Хусрави Ќубодон", "Андарзњои пешиниён", "Ёдгори Бузургмењр", "Андарзи марди доно бар писари хеш" ва ѓайра. Ин андарзномањо моломол аз панду насиња-

наврасу љавон муфид мебошанд. Дар адабиёти оламшумули форсу тољик низ мавзўи панду насињат ва таълиму тарбия љойгоњи муњим дошт, ба ин хотир пандномањои зиёде ба вуљуд омадаанд. Ќариб њама бузургони адабиёти мо, аз Абўабдуллоњи Рўдакї то ба Садриддин Айнї ба ин мавзуъ даст задаанд ва андешањои љолиб баён сохтаанд. Ѓайр аз ин китобњои мукаммали панду ахлоќї низ таълиф ёфтаанд, ба мисли "Ќобуснома"и Унсурулмаолии Кайковус, "Гулистон"-и Саъдии Шерозї, "Бањористон" - и Абдурањмони Љомї, ки пеш аз њама маќсади тарбияи насли наврас ва дар љавонон парвардани ахлоќи некро дар назар доштанд. Маълум аст, ки "Гулистон"-и Саъдї яке аз китобњои дарсии мактабњои анъанавии тољикї дар асрњои миёна ба њисоб мерафт, ки тавассути он толибилмон њам забони модарї меомўхтанд ва њам тарбияи њасана мегирифтанд. Яке аз сабабњои љойгоњи хосса доштани мавзўи панду њикмат, албатта таъсири андарзномањои ќадимї буданд. Мисоли барљастаи чунин таъсирро мо дар интиќоли образи Анўшервони одил аз адабиёти

дборї пеша кардан, ба андўњи касон шод нашудан, ба фарзандон пешаи некї омўхтан, пой ба андозаи гилем кашидан, аввал нињол шинондан ва он гоњ дарахт буридан, аз ѓаммозон канора љустан, нони худ хўрдан ва сухани бад нагуфтан, ризои падару модар љустан, мењмонро азиз доштан, ба зиёрати некон рафтан, бо касони бад наёмехтан, бекор нанишастан ва ѓайра. Кунун дар нахустин дањањои ќарни XXI, дар замони љањонишавию љањонисозиву љомеаи иттилоотї, ки ба ин давра истиќлоли миллии ватани азизи мо Тољикистон рост омадааст, масъалањои ахлоќу одобу таълиму тарбия ањамияти беш аз пеш касб намудааст. Воќеияти имрўза, ки ба василаи технологияњои иттилоотии муосир, бегонагон ќодиранд то љое ба насли наврасу љавон ва дар умум ба мардуми мо таъсири манфии иттилоотї расонанд, пешорўи љомеа вазифањои муњим мегузорад. Чунин вазифањо махсусан дар соњаи таълиму тарбия, худшиносиву худогоњии миллї, риояи одобу ахлоќи њамидаи тољикї ба мадди аввал баромаданд. Чунонки Президенти Тољикистон,

тњое мебошанд, ки асрњои аср наврасону љавононро роњи адабу ахлоќ талќин намудаанд ва то кунун ањамияти худро гум накардаанд. Масалан, дар "Андарзи марди доно ба писари хеш" чунин суханонро дучор меоем: "Писарам, бегуноњ бош, то бебим бошї; бурдбор бош, то дўсти некон бошї; аз мардуми бадбин чунон парњез, ки аз Ањримани дурўѓпеша, ки ба гетї бадї кардааст; фурўтан, нармсухан ва мардумдўст бош; дар зиёфат пайкор макун; он чи ба хештан шоиста набувад, ба њељ кас макун; на ба гуфтори дурўѓ ва на ба хоњиши рост савганд махўр" ва ѓайра. Чунонки мушоњида мекунем, чунин суханони пурњикмат њаргиз куњна намешаванд ва њамеша дар тарбияи насли

пањлавї ба адабиёти форсу тољик ба мушоњида мегирем. Дар осори панду ахлоќии форсу тољик вобаста кардани пандномањо ба номи Анўшервон расм шуда буд. Аз љумла боби њаштуми "Ќобуснома" ба пандњои Анўшервон бахшида шудааст. Яке аз шоирони охир ќарни X - аввали ќарни XI Бадеи Балхї асари махсусе бо номи "Пандномаи Анўшервон" таълиф кардааст, ки дар он њама гуна мавзуъњои панду ахлоќиро мушоњида кардан мумкин аст, аз љумла: тавсифи аќлу хирад, шинохтани хештан, эњтироми донишу донишманд ва танќиди нодониву бедонишї, парњез аз гуфтори бењуда, пазириши панди њакимон, шитоб ва сустї накардан, кори газоф накардан, номи нек гузоштан, дилозорї накардан, бур-

муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид мекунад, мањз "бо дарназардошти њамин зарурат мо Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро ќабул намудем, то дар шароити пуртазоди љањони муосир љињати ташаккули дониш ва ахлоќи њамидаи насли ояндасози Ватанамон шароити арзанда фароњам оварем". Дар ќонуни мазкур, ки бо ташаббуси Сарвари Давлат соли 2011 ќабул карда шуд, хиради азалии тољикон, ки дар панду андарзномањо ифода ёфтааст, њикматписандиву њикматофарии бузургони он, андешаву панду ахлоќи чандинњазорсола таљассум шудааст. Ќонуни мазкур василаи ќавиест барои дар амал љорї шудани панду њикматњои чандинас-

9 рае, ки халќи тољик андўхтааст. Мо њар як мавзўи панду ахлоќиеро, ки дар боло баъзе мисолњояшро зикр намудем, дар ин ќонун дучор меоем, зеро он сад дар сад ба њикматписандиву њикматофарии азалии тољикон мутобиќ аст. Барои тасдиќи ин андеша, дар ќиёс бо се намунаи аз "Пандномаи Анўшервон" дар боло зикр гардида, чанд моддаи ќонунро ба таври мисол меоварем. Дар мавриди ризои падару модарро љустан дар банди 1 моддаи 10 омадааст: "Фарзанди болиѓу ќобили мењнат уњдадор аст, ки падару модари худро нигоњубин ва таъмин намуда, онњоро аз љињати моддї ва маънавї дастгирї намояд". Дар мавриди ба фарзанд пешаи некї омўхтан дар банди 6 моддаи 8 омадааст: "Фарзандро ба кору зиндагии мустаќилона омода намоянд". Дар мавриди илму дониш омўхтан ва таълим гирифтан тамоми бандњои моддаи 9 бахшида шудаанд, аз љумла дар бандњои 2 ва 3 омадааст: "ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба тањсили ў дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї монеъ нашаванд", "фарзандро бо воситањои зарурии таълимї таъмин карда, барои таълими ў шароити муносиб муњайё намоянд". Агар ба ин тартиб ќонуни мазкурро бо гуфтањои бузургони илму адаби форсу тољик ба таври муќоисавї баррасї кунем, бармало мушоњида менамоем, ки њар як моддаву банди он дар заминаи таљрибаи маънавии сењазорсолаи миллати тољик арзи вуљуд намуда, ба хиради таърихии халќ такя мекунад. Кормандон ва устодони Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон њамчун муассисаи тањсилоти олї, мисли дигар донишгоњу донишкадањо, масъулияти хешро дар мавриди тарбияи љавонон, ќабл аз њама дар татбиќи Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", махсусан боби 4-уми он "Ўњдадорињои омўзгор, маќомоти давлатї, муассиса ва дигар ташкилотњое, ки масъалањои вобаста ба таълиму тарбияи кўдакро танзим мекунанд" эњсос намуда, њамарўза дар самти мазкур кўшишу эњтимом ба харљ медињанд. Дар барномаи стратегии рушди ДСРТ барои солњои 20132018 дар баробари самтњои дигар, ба соњаи фаъолияти тарбиявї диќќати махсус дода шудааст. Дар барнома таъкид карда мешавад, ки "самтњои таълим, тарбия ва рушди шахсияти донишљў ба таври мураттаб њамоњанг карда шавад. Донишљўро на танњо чун мутахассис омода бояд намуд, балки дар вай хислатњои мењнатдўстї, масъулиятнокї ва ватандўстиро бояд ташаккул дод". Лозим ба ёдоварист, ки масъалањои таълиму тарбия дар муассисањои тањсилоти олии касбї диќќати њамешагї ва мунтазамро талаб мекунанд, зеро дар ин соња низ, мисли соњањои дигар проблемањо ва вазифањои нав пайдо мегарданд. Омода будан ба чунин проблемањо ва хусусан сари ваќт њал намудани онњо вазифаи аввалиндараљаи њар як омўзгор, корманд ва донишљў аст.

Нуралї СОЛЕЊОВ, ректори Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон


10 (Аввалаш дар шумораи гузашта)

Т

АВСИЯ ва пешнињоди асосноки илмии Маскав барои дар "Шамбарї" арзи вуљуд намудани шифохона замина гардид ва соли 1952 дар подомани дењаи Дарозї ва талу теппањои ќаторкўњњои Њисор сохтмони аввалин биноњои муолиљагоњи "Оби Шифо" оѓоз гардид. Соли 1954 дар ин шифохона 50 нафар дардмандон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Оби гарми шўртоќ, ки дар таркибаш дањ фоиз намак доштааст, барои муолиљаи беморињои тарбоду буѓумдард ва дигар иллатњои узвњои берунаи одам давобахш будааст, оби андаке таъмаш ѓализ бошад, барои табобати узвњои њозима - меъда, рўда, ѓадудњои зери меъда, талхаю љигар марњами хуб аст. Азбаски он ваќт курортњо дар ихтиёри вазорати тандурустї буданд ва нињоди мазкур мизољонашро бо сару либос таъмин мекарду барои табобат ва истеъмоли ѓизо аз касе маблаѓ талаб карда намешуд, аввалин мизољони курорти "Шамбарї" бе њељ гуна роњхат аз чунин имтиёзњо ройгон истифода мебурданд. Њам дардмандон ва инчунин мутахассисон муътаќид гаштанд, ки обњои шифо ба маризон давои бењтарин мањсуб меёбад. Натиљањои мусбати ба дастомада боиси он гардид, ки њукумати марказ барои таќвият бахшидан ба корњои ободонии муолиљагоњ диќќати пайваста дода, бунёди биноњои нави истиќоматї, табобатию кўмакрасонро барои эњтиёљмандон таќвият медод.. Охирин бинои зисти маризон, ки аз 5 ошёна иборат асту дорои ошхонаи калон, толори маљлису синамонамоишдињї, китобхона ва силсилаи нуќоти табобатиро дорост, соли 1990 сохта ба истифода доданд. Ва ин ваќт "Шамбарї" барои дар як баст ќабул намудани 600 нафар мизољон тамоми шароитњои табобатию фароѓатиро дар сатњи олї ба роњ монда метавонист. Њамзамон роњи васеъбари то дохили осоишгоњ мумфарш кунонида шуда, хонаи бисёрошёнаи истиќомтии 32 њуљрадор барои коргарони шифохона, сохта ба истифода додани шабакаи обтаъ минкунї ва гармидињї аз васоити хеле муњиме буданд, ки њама гуна мушкилоти хидматрасониро дар фароѓатгоњ њаллу фасл намуданд. Воќеан фаъолияти муолиљагоњи "Шамбарї" дар замони истиќлол низ њељ гоњ пурра ќатъ нагаштааст. Њатто рўзњои љанги шањрвандї ва бедодгарињои гўшношуниди яроќбадастон, ки ин осоишгоњи номдор муддате зери тасарруфи дасти эшон ќарор дошту он шоњиди вањшониятњои зиёди одамхўронаи гўруњи аз аќлу идроки инсонї мањрумгардида буд, њамоно дардмандони бисёр њам набошад, ба умеди марњам ва табобат гирифтан дари "Шамбарї"ро ангушт мезаданд. Осори шуми ноамнї ва задухўрдњо дар чунин нуќоти обод њамвора вайрону валангор гаштани роњњо, шабакањои обтаъминкунию гармидињї ва ба яѓмо рафтани иддае аз дастгоњу таљњизотњои зарурї, хароб гардонидани биною иморатњои зиёд, ки то кунун вазъи пештараашонро соњиб нашудаанд, ин љо њоло низ ба назар мерасанд. Вале суоли асосї ин љо он аст, ки шароити имрўзаи будубоши беморон, табобату хизматрасонї ба онњо чун пештара мувофиќи талаботи замони муосир аст ва ё не?

ПРОБЛЕМА ВА МУЛОЊИЗА Мизољони аз дуру наздик, ки ба ин љо бо сад умед меоянд ва дар шароити камбизоатии мардуми Тољикистон барои як шабонарўзи фароѓатгоњ наздик ба сад сомонї пардохт менамоянд, аз курорти овозадор бо чї гуна таассурот бармегарданд? Оре, хамин масъала моро водор намуд, ки мушоњида ва бардоштњои худро дар хусуси "Шамбарї"-и дар гузашта машњури мамлакат ба диќќати масъулини соња бирасонем ва аз эшон хоњиш намоем, ки дар боби аз байн бурдани норасоињо ба љои муро-

нанд, дар фароѓатгоњ сахт ба тањкиму такмил ниёз доранд. Асосан амали назарраси сарвари љамиъияти сањњомии шакли пўшидаи "Шамбарї" Абдусаттор Назриев аз нав тоза кардани чоњњои оби шифобахш, барќарорсозии шабакаи обтаъминкўнї, аз масофаи 9 километр кашида овардани хатти тозаи барќ, ки осоишгоњро дар фасли зимистон бе мањдудият бо гармию рўшної таъмин мекунад, бо суръат давом кардани сохтмони бинои нави бисёрошёна барои иќомати мизољон, бунёди боѓи нав дар ќитъаи чоргек-

воситањои дармонбахшї муњимтару авлотар аст. Ана дар њамин бобат дар собиќ курорти овозадор њоло камбудињо ба тамоми маънї ба назар мерасанд. Мутасаддии соњаи хизматрасонии тиббии осоишгоњ, љонишини аввали директори генералї Рањматулло Ќурбонов аз чї бошад, ки ба ин самти кор таваљљўњи камтар дорад. Ў ба кулли ранљурон ќариб як хел муолиља мефармояд. Муносибати инфиродии духтур нисбат ба маризњои гуногун мушоњида намешавад. Аз лињози риоя намудани парњез ва вобаста ба бемориа-

ШАМБАРЇ БОЯД ОБОД ШАВАД Идома аз маќолаи «Тољикистон - љаннати рўи замин»

сокорї ташаббускориро пеш бигиранд. Дарвоќеъ, имрўз дар њаёти кордорию хизматрасонии "Шамбарї" чун дигар соњањои хизматрасонї, ки аз натиљањои истењсолиашон аќли солим ќаноатбахш намегардад, низоми тољикона љорї намудаанд. (Ваќте ки низоми тољикона мегўем, мардуми оќил ва бофарњанг да рњол мафњуми манфї доштани ин ибораро эњсос мекунанд.) Дуруст аст, ки соњибмулки им-

тораи пањлу ва болотеппаи фароѓатгоњ, ба масофаи бисёр калон атрофи осоишгоњро чун садди чинї девори мустањками сангин бардоштан мебошад. Бешак, бозсозињое, ки дар маъвои дўстдоштаи ањли дард рўи кор омаданд, имрўз таќозои замонанд. Њамчунин роње, ки аз шоњроњи Њисор људо гашта,ба мавзеи истироњатї мебарад, ба таъмиру тармими љиддї ниёз дорад. Таъмири асосии майдони раќсу бозї ва консертии осоишгоњ ва аз нав ба кор даровардани шабакаи гармидињї бошанд, аз масоилеанд, ки ба њалли

Осори шуми ноамнї ва задухўрдњо дар чунин нуќоти обод њамвора вайрону валангор гаштани роњњо, шабакањои обтаъминкунию гармидињї ва ба яѓмо рафтани иддае аз дастгоњу таљњизотњои зарурї, хароб гардонидани биною иморатњои зиёд, ки то кунун вазъи пештараашонро соњиб нашудаанд, ин љо њоло низ ба назар мерасанд. рўзаи "Шамбарї" фарди ташаббускор, ќавиазм, ўњдабаро ва созанда асту аз соли 2006 ин љо ба њайси роњбар кор мекунад ва дар боби ободонї як ќатор амалњои наљибро пеш гирифтааст, вале корњои хизматрасонии тиббї, маишї ва маърифатию равшаннамої, ки омили асосии ќаноатмандии ањли дард буда метаво-

бетаъхири он маъмурият бояд машѓул гардад. Аммо дар макони истироњату муолиљаи мардуми дардманд сатњи муътадили хизматрасонии тиббї, муносибати самимонаи коргарон ба ањли дармонљў ва шароитњои таскиндињандаи асабу љисм, њаматарафа љоннок гардонидани таъсири

шон барои мизољон ѓизо фармудан кайњо фаромўш шудааст. Ин табиби њозиќ љањду талошашро танњо ба дардмандоне равона мекунад, ки ба ў фармоиши сўзанзанї медињанд. Ин љо бошад, сўзанзанї пулакист. Мизољ ба љуз он ки маблаѓи умумии муолиљагоњро мепардозад, боз бояд барои њар як сўзанзанї 5 то 10 сомонї њаќќи хизмат бидињад. Барои он зикр кардани ин майдачўйдаро лозим шумурдем, ки ба андешаи мо, бояд тамоми хизматрасонии тиббии осоишгоњ дар маблаѓи роњхат њисобї шавад ва дар маъвои табобатї боз аз бемор пул талаб кардан аз рўи этика нест. Азбаски мутасаддии корњои дармонбахшии фароѓатгоњ дар паи ба даст овардани фоидаи иловагист, нисбат ба пањнои васеи кордорияш пурра беэътиної мекунад. Агар чунин набошад, чаро дар маъвое,ки ба таври њамешагї 300 - 350 нафар ранљурон будубош мекунанд, њатто як дўкони доруфурўшї вуљуд надорад? Њол он ки талаботи дардмандон ба ин мавод мисли ѓизо доимист. Њамин заруратро фурўшандаи оддии маѓозаи даромадгоњи осоишгоњ,ки маърифати тиббию касбї надорад, бараъло эњсос намуда,дорувории зарурияти авваларо ба дўкони худ интиќол дода,бе риоя намудани оддитарин ќоидањои дорунигоњдорї чун асри сангин пешкаши мусофирон менамояд. Рўи кор набудани ѓамхории лозимии тиббї ба он оварда расонида буд, ки дар моњи август фароѓатгоњро бемории грипп фаро гирифта буд. Хайрият, ки љои ин холигиро андаке доруњои аз гиёњњо тайёр намудаи табиби халќї, шоир Мањма-

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

дюсуф Тоњирї пур кардааст. Бо кушодани чашми рўз дармонљўён Тоњириро дар њалќа гирифта , аз ў то ваќти хоб маслињати тарзи табобат ва марњами даркориро мегиранд. Духтур ба мизољони навомада баробари дар дафтарчањои курортиашон саросема сабт намудани номгўи табобатњо дар зарфњои пластикї аз оби шифобахш ба манзили зист бурдану рўзе се бор нўшиданро мефармояд. Вале на ў ва на дигар масъулини фароѓатгоњ ба андешаи инљониб ба љуз гарм доштани бозори тиљораташон боре таваљљуњи онро намекунанд, ки моеъи њаётбахш имрўз дар кадом њолат ќарор дорад. Агар оби зарфи панљлитраро (зарфњои пластикї њамин ќадар ѓунљоиш доранд)тозакорї бисозї,бе муболиѓа заррачањои сиёњи аз об људошуда як пиёларо пур мекунанд. Чист ин молекулањои даруни об, ки бе микроскоп шино карданашонро ба чашми хираи пирона низ равшан дидан мумкин аст? Магар муъљизаи дармонпизишкии оби Шамбарї дар њамин заррачањои сиёњи дохили он аст?! Не ва боз њам не! Зеро элементњои кимиёвии таркиби об бо њам консентратсия шуда, мављудияти онњо дар њама њолат аз чашми оддї ноаён мемонанд. Ин "парастучањои сиёњ" зангобаи ќубурњои кўњна ва бордони бузурги металлист, ки бо сабаби солњои дароз оби шифоро дар канор доштану сари ваќт таъмиру рангмолиро надидан аз худ бурун месозанд.. Ва бечора маризон бо умеди офият баъзан рўзе аз ин мањлули ба тозакорї ниёздошта як кўзаро нўш мекунанд. Дар ин иртибот ногуфта намонад,ки мувофиќи эътирофи соњибмулкони имрўза ва пешгўии олимони хосиятњои шифої доштаи оби Шамбариро кашфсозанда баъди 25-30 сол чоњњои дар истифода бударо мањкам ва ба онњо монанд чоњњои навро канда, мавриди бањрабардорї ќарор додан шарти њатмист. Зеро дар ин муддат аз рўи нишондодњои илмњои геофизикию геокимиёвї дар ќаъри чоњњо миёни моддањои марњамсоз таѓйиротњои мухталиф арзи вуљуд намуда, хосияти табобатии обро пурра аз байн мебаранд. Муњтаво њамин буд, ки солњои 80-уми асри гузашта дар макони обњои маъданї чоњњои нав кофта ба истифода дода шудаанд. Хуллас, имрўз дар фаъолияти курорти "Шамбарї" камбудї ва норасоињои љиддие њастанд, ки бо пуррагї аз байн набурдани онњо дар оянда бо муваффаќият фаъолият намудани ин махзани нодири табиат зери шубња мемонад. Ва ба маврид аст аз идораи бонуфузи курортњои љумњурї ва сарраёсати он, федератсияи иттифоќњои касабаи љумњурї,ки то ваќтњои наздик роњбари бевоситаи курорту истироњатгоњњо ба шумор мерафт ва ин ташкилоти пуштибон ва њимоятгари манфиати мењнаткашон њоло ба куљо менигаранд ва чаро нисбати вазифаи љонии хеш бемасъулиятї ва беэътиноиро пеша кардаанд?.Магар мўътаќиданд,ки дар амали коргузории имрўза беназорату роњнамої сифати хидматрасонї табъи дил ба роњ монда шавад? Оё бењтар он набуд, ки маъвои фароѓатї ва табобатии ањли зањматро мисли даврони шўравї дар панљаи худ нигоњ дошта, навсозињои сифатиро мувофиќи талаботи замони муосир ба роњ бимонанд?!

Асалмо САФАРОВА, Ѓайбулло ЊАЛИМОВ, рўзноманигорон


Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

11

ИХТИРОЪКОР

ОЛИМИ ТОЉИК ДАР ЭНСИКЛОПЕДИЯИ

ДОНИШГОЊИ КЕМБРИЉ Суњбат анљом ёфт. Бо устод Масаид Шерматов худоњофизї кардем. Ў рафту ман њанўз зери таъсири суњбаташ њастам. Манзараи кўдакињои пуразобу пур аз мањрумиятњои вай аз пеши назарам чун навори синамо мегузаранд, дар гўшам наќлњои кардааш садо медињанд: "Ман зодаи дењаи Хиштхонаи љамоати Понѓози ноњияи Ашт њастам, ки 20-уми майи соли 1944 ба дунё омадаам. Падарро дар синни 75 дидани рўйи фарзанд насиб карда будааст. Модар маро аз мадди назар дур намекард. Рости гап, бисёр дилсўз буд. Намехост, ки аз наздаш як ќадам дур бошам. Масалан, баъди хатми синфи њафт ману як њамсинфам, ки хушовоз будем, ба омўзишгоњи мусиќии Хуљанд шомил гардидем. Модар ба воситаи падарам маро маљбур кард, ки хонданро партоям. Падари пирам мегуфт: "Њофизї касби мард нест. Чўпонї кун." Мо ѓайр аз бист сар бузу гўспанд, ду гову ду хар њам доштем. Волидон маро њар субњ соати 5 аз хоб бедор мекарданд, то молро ба чарогоњ барам. Њайвонот дар давоми дуним-се соат сер мешуданд, ба хона меовардам. Ношто мекардаму ба мактаб метохтам. Баъди дарс як коса љурѓотро бо як бурда нон мехўрдаму молро дубора ба чарогоњ мебурдам. Дар бозгашт њезум њам меовардам. Дар як даст китобу дар дигараш чўбдасте доштам. Он солњо дар китобхонаи мактаб китобе намонда буд, ки нахонда бошам. Пиронсолони дењ мегуфтанд, ки Понѓози мо зодгоњи уламову удабост. Њар гањ ки њамсинфи собиќам аз Хуљанд бармегашт, ба ў бо њавас менигаристам: охир, ман њам метавонистам мўзаи рангпаридаи кирз неву туфлии сип-сиёњ пўшам, бо либоси озодаву мўйи сари пероста миёни њамдењиён сарфарозї дошта бошам, байни дўстон овозхонї кунам… Чун дар овони шонздањсолагї бо тасодуфе фањмидам, занеро, ки модар мегўям, модарандар асту модари худам њамсояи девордармиёни мост ва аз рашку њасади зани падар мо њаќ надорем, ки њамдигарро бубинем, дунё дар назарам торик шуд. Акнун фањмидам, ки чаро маро падар намегузорад, то љониби њавлии њамсоя назар андозам, рухсат намедињад, то бачањои он хонадон ба таги дари мо наздик шаванд. Ман аз нигоњи мањзуни кадбонуи он хонадон, ки пештар ўро ду��мани оилаи худамон мепиндоштам, маънии тоза меёфтам…" Масаид азм кард, ки хонда одам шаваду як чўпонбачаи рустої намонад. Ба шарофати муаллим Исомиддин Вањњобов ба фанњои физикаву математика дил баст. Њуљљатњоро пинњонї аз падару модар омода кард, вале ин сир пўшида намонд. Мода-

Маориф

рандар онњоро зўран кашида гирифт. Воќеаро ба модари дўсти овозхонаш арз кард. Ў гуфт, одатан мо, занњо, ин гуна чизњоро миёни кўрпае, ки лаѓжонак бошад, аз чашм пинњон мегузорем. Аз рўйи ин дастур амал кард Масаид ва њуљљатњоро дубора ба даст даровард. Њамин љўрањо пинњонї озими шањри Хуљанд шуданд. Ў бо сари баланд ба Понѓоз баргашт. Ёдаш меояд, ки чун ба дења расид, ќад-ќади кўча аз паяш њангомаљўён меомаданд: "Амакии Шермат писари гурезаи гапнодарояшро чї тавр ќабул мекарда бошад?" -Куљо будї? - Хонданї рафтам. Ба шуъбаи навтаъсиси физика ва асосњои истењсолоти факултаи физика ва математика дохил шудам. Хатмкардагони шуъбаи мо њам муаллим мешаванду њам шофир, њам киномеханику њам радиомеханик, њам устои чўбу оњану њам устои мошинњои гуногун… - Њофиз намешавї, охир? Хайр, муаллим шав. Аммо дониста бош, ки ман барои ту як тини сиёњ харљ намекунам. - Пулатон лозим нест, дадо. Дуо дињед, шуд. Дар њаќиќат, аз мўйсафеде, ки синнаш кайњо аз навад гузашта буд (вай зиёда аз 100 сол умр дид), ёрмандї хостан аз рўйи одоб њам набуд. Падар дуо дод. Ў гумон мекард, бача, ки бепул монд, бо пойи худаш баргашта меояд. Аммо азоби бепулї кашиданњо, миёни донишљўён бо либоси нимдошт сархам гаштанњо, худро ба сад кўю кўча задану бо роњи њаммолї ризќу рўзї ёфтанњо, њељ яке азму иродаи ин љавони илмдўстро монеъ нашуданд. Масаид Шерматов соли 1969-ум донишгоњро бо дипломи аъло хатм карда бошад њам, аз худ ќонеъ набуд. Зиёдтар илм

омўхтану ба диёри хеш хидмат кардан мехост. Бо дастгириву пешнињоди устодаш Рањматљон Муродов аз пайи давом додани омўзиш афтод. Баъди чанд муддате, ки дар ДДХ ба номи Б.Ѓафуров, ДМТ ва Пажўњишгоњи ба номи А.Ф.Иоффеи шањри СанкПетербург ба њайси коромўз-татќиќотгар зањмат кашидан, соли 1972-ум аспиранти Пажўњишгоњи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмњои СССР гардида, тањти роњбарии докторњои илм В.С.Куксенко ва А.И.Слутскер дар мавзўи "Хосиятњои махсуси ёзиш ва мустањкамии полимерњои кристаллии самтдодашудаи сохторашон ноустувор" пажўњиш мебурд. "Татќиќоти ман, одатан, бо полимерњо (ин полимерњо полиэтилен, полипропилен, политетрафторэтилен, лафсан ном доранд) дар муњити зањролуд дар дохи ли то луол , бен зол дихлорэтан зери фишори то 800 њазор атмосфера гузаронида шуда, бо усули рентгенї, лазерї ва ѓайра таљриба мешуданд. Дар ваќти таљриба, њарчанд либосњои махсус ба тан мекардам, масалан, танњо пешбандам 70 кг вазн дошта, бо фулузи нурногузар пур карда шуда буд, њамон айём ба бемории меъда гирифтор шудам, - ба х отир мео вард устод М.Шерматов,- чунон ки гуфтам, шароити омўзиш осон набуд. Натиљањои пажўњишро устодон ќабул мекарданд, вале имкон намедоданд, ки аз натиљањои он маќола нависем. Масалан, барои ман дар давоми 5 соли фаъ олият рух сат шуд, ки њамагї 3 маќола нависам. Устодон мегуфтанд, ки вазифаи ту тоб додани калид асту бас. Боќимонда корро мо анљом медињем. Воќеан, татќиќоти мо барин пажўњандагон баъдтар маводи китобњои эшон мегардид.

Ман дар китобхонаи пажўњишгоњи мазкур китобњои Абўалї ибни Синоро дидам, ки бо забони русї дастраси ањли илм буд. Дар дил алам мекашидам, ки илми ниёкони мо ба дигарон дастрас асту мо аз он бебањра. Моро мехоњанд як умр дар чоњи нохудогоњї нигањ доранд…" Бо вуљуди ин, номзади илмњои физика-математика, дотсенти ДДХ ба номи Б.Ѓафуров, муаллифи 32 ихтироъ ва 263 маќола дар соњаи физикаи полимерњо, физикаи нимноќилњо, нанотехнологияи нахњои пахта, абрешиму пашм ва ѓайра дар соњаи хољагии ќишлоќ, экология, химия ва электроника Масаид Шерматов аз устодонаш, аз шароити Пажўњишгоњи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмњои ИЉШС, ки як ваќтњо татќиќот мебурд, бо завќ наќл мекунад. Назар ба гуфтаи М.Шерматов, ихтирои ў дар бораи таъсири нури ултрабунафш ба њосилнокї ва тез пухта расидани њосили кишт дар се кишвари пахтакор - Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ўзбекистон васеъ истифода мешаванд. Барои серњосилї ва тезрасии њосил њамагї 15 даќиќа ба зироати пахта, њамагї 5 даќиќа ба зироати бодиринг додани нури ултрабунафш кифоя аст. Њамин тавр, бодиринг, картошка ва дигар зироатњоро бо ин усул парвариш карда, кори дењќонро сабук гардонидан мумкин аст. Масалан, дар шароити табиї кишти бодиринг дар 45 рўз њосил медињад, аммо бо усули нурдињї дар муддати 28 рўз ин зироат њосиле медињад, ки сад дарсад зиёд аст. Аз соли 1981ум то њол 12 хољагии пахтакорї дар вилояти Суѓд ин усулро дар амал истифода бурда, манфиат дидаанд. Соли 2005-ум дар сањроњои мавзеи Арабхонаи ноњияи Шањритўс, соли 2006-ум дар киштзорњои хољагии ба номи Ўлљабоеви ноњияи Рўдакї ва соли 2011-ум дар заминњои Ассотсиатсияи хољагињои дењќонии ба номи Сомониёни ноњияи Мастчоњ усули нурдињї истифода шуда, бартариаш собит гардидааст. Устод М.Шерматов соли 1994 бо роњи омехтани йод ба нахи пахта ноќил ва нимноќиле ихтироъ кардааст. Аммо чї мег-

ўед, ки баъди 16 сол олимони Амрико, Италия ва Фаронса дар њамдастї ин ихтироъро такрор карданд. Онњо ба љойи йод тиллоро истифода бурда, бо ин усул истењсоли транзисторро ба роњ монданд. Ихтироъкори тољик мегўяд: "Дар кишвари мо барои дар амал татбиќ кардани кашфиёти олимон аз љониби идораи патентдињї ва вазоратњои марбута, хусусан, Вазорати иќтисод ва энергетика њавасманд нестанд. Агар бозёфти илмии олимони мо дар хољагии халќи мамлакат истифода шаванд, барои пешрафти кишвар, барои баланд бардоштани сатњи зиндагии њамватанон манфиат намерасад магар? Масалан, дар шароити мањалњои баландкўњи Тољикистон истифодаи бод (шамол) њамчун манбаи љараёни доимии барќ чаро дар амал љорї нашавад? Чунин нерўгоњ бефосила кор карда метавонад, вале нерўгоњњои оддї, агар шамол бошад, нерў истењсол мекунанд, шамол набошад, кор намекунанд. Ихтирои М.Шерматов дар бораи неругоњи шамолї дар мањалњои баландкўњ ба њаракатдињандаи абадї монандї дорад. Магар чашмаи љўшандаро метавон хушконд? На! Устод М.Шерматовро чунин беэътиноињо аз кор дилхунук намекунад. Ў њаргиз ором намегирад. Ин дафъа низ ў ба Душанбе ду ихтирои хешро армуѓон овардааст: яке њосил кардани йод аз пўсти чормаѓз, дигаре дар шароити одї аз об истењсол кардани батарейкањои барќї. Ў хурсанд аст, ки аллакай барои яке аз ин ихтироот њуљљати тасдиќкунанда гирифтааст ва интизори љавоб ба кашфиёти дуюм мебошад. Њангоме ин матлабро рўйи сањифа мерехтам, тарњи рўйи њамсуњбати зиндадиламро, ки пайваста аз ихтироъкорињо гап мезанаду дилдодаи адабиёт низ њаст, пеши назар меовардам. Дар рў ба рўйи ман чењраи инсоне ба љилва меомад, ки аз соли 1998 узви фахрии АУ Ню-йорк буда, соли 2000-ум њамчун олими машњури асри 20 дар Энсиклопедияи Донишгоњи Кембриљ љой гирифтааст.

Марямбонуи ФАРЃОНЇ

МАРОСИМИ ХАТМИ ТАЊСИЛ ВА СУПОРИДАНИ ШАЊОДАТНОМАЊО

Дар Мактаби маълумоти касбию давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї бо иштироки муовини раиси вилоят Исрор Исроров, намояндагони Њукумати љумњурї, муовини Вазири мењнат ва шуѓли ањолї Темур Табаров, муовини Вазири маорифи љумњурї Абдусаттор Одинаев, намояндаи АКДН --и Бунёди Оѓохон дар назди Њукумати Љумњурї Акбар Алї Песнанї, директори маъмурии Донишгоњи Осиёи Марказї Роберт Вилер, сафирони Олмон, Амрико, Фаронса, Туркиё, консули генералии Љумњурии Исломии Афѓонистон дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон маро-

сими 8 -уми хатми тањсил ва супоридани дипломњо ба хатмкардагони ин таълимгоњ баргузор гардид. Ин воќеаи муњим яке аз рукнњои асосии пешрафти Донишгоњи Осиёи марказї мањсуб меёбад. Хатмкардагон барномаи технологияи муњосибиро, ки тибќи стандарти љањонии њисобу китоби молиявї тањия шудааст, аз худ намуданд. Инчунин дар ин маросим ба донишомўзоне, ки дараљаи дуюм ва сеюми забони англисиро ба хотири коргузории расмї, ки тибќи барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон тарњрезї шудааст: барномањои забони англисї барои корњои академикї, омўзи-

ши забонњои олмонї ва фаронсавї, амалигардонии саноати кўњї, бозомўзии омўзгорон дар давоми солњои 20122013 ва барномаи байналмилалии амалии компютерро бо муваффаќият хатм кардаанд, шањодатномањои Мактаби маълумоти касбї ва давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї таќдим карда шуд. Дар ин маросим инчунин шањодатномањо ба донишљўёне, ки барномањои касбию техникї дар соњаи сохтмон, таъмири автомобил ва техникаи санитариро хатм намуданд, таќдим карда шуданд. Тавре дар љамъомад иттилоъ до-

данд, мактаби номбурда, мутахассисони сатњи љањониро тайёр мекунад. Имрўз бисёр фарзандони Бадахшон на танњо дар њудуди љумњурї, балки дар кишварњои ѓарб низ тибќи ихтисосњои дар ин мактаб омўхта кор мекунанд. Дар 6 соли фаъолияти мактаби маълумоти касбии Донишгоњи Осиёи Марказї 24 њазор нафар донишљўёни кишвари мо онро хатм карданд. Рўзи 26-уми моњи март ба 200 нафар шањрвандони љумњурї 35 нафар аз Љумњурии Исломии Афѓонистон дипломњо супорида шуданд.

Лутфишоњи ДОДО


12

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Љараёни ислоњоти замин

Ѓамхорї ба зан

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛЇ ВА НАЌШИ ЗАНОН Њукумати Љумњурии Тољикистон тўли 21 соли истиќлолият њамеша ба масъалањо ва мушкилоти њаёти занон тава��љуњ зоњир намуда, барои рафъи онњо кўшишњо ба харљ медињад. Дар назди Њукумати мамлакат фаъолият кардани сохтори махсуси давлатї Кумитаи кор бо занон ва оила ифодакунандаи он аст, ки њалли мушкилоти занон, баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, мустањкам намудани пояњои оила њамеша мавриди таваљљуњи давлат ќарор дошту дорад.

Б

АРОИ ба таври шоиста ба ланд бардоштани наќши занон дар љомеа 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон "Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа" содир гардид. Њуљљати мазкур ба тањкими минбаъдаи ќонунгузорї љињати боло рафтани мавќеи зан дар љомеа ва дастгирии оила аз љониби давлат мусоидат кард. Чунончи, баъди интишори фармони мазкур Барномаи давлатии "Самтњои асосии сиёсати давлатї оид ба таъмини њуќуќу имкониятњои баробари мардон ва занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20012010", Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо" ќабул шуд. Њамчунин, Тољикистон ба якчанд санадњои муњими байналмилалї, аз ќабили Конвенсия оид ба бартараф кардани њамагуна шаклњои табъиз нисбати занон, Конвенсия дар бораи њуќуќњои сиёсии зан, Эъломияи њуќуќи кўдак ва ѓайра њамроњ гардид. Бо маќсади љалби занон ба корњ ои давлатдорї, идоракунии соњањои иќтисодиёту иљтимоиёт, таъсиси љойњои нави корї барои бонувон, тайёр намудани кадрњои лаёќатманд аз њисоби љавондухтарон Њукумати љумњурї њанўз моњи ноябри соли 2006 "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии Тољикистон аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2007 - 2016"-ро ќабул кард, ки татбиќи он идома дорад. Аз соли 1997 то ин дам зиёда аз дањ њазор нафар духтарон тибќи Квотаи президентї ба мактабњои олии мамлакат ќабул карда шуданд. Њамасола бо маќсади инкишофи институтњои љомеаи шањрвандї, дас тгирии с оњибкорї, ба кас бу њунаромўзи љалб намудани занону духтарон грантњои президентї низ људо карда мешаванд. Чанде пеш парлумони мамлакат "Ќонун дар бораи пешгирии зўроварии хонаводагї"-ро ќабул намуд. Амалишавии ќонуни мазкур поймолшавии њуќуќи бонувонро пешгирї карда, бањри боз њам баланд гаштани маќоми зан дар љомеа мусоидат менамояд. Дар замони шўравї, ки серфарзандї тарѓиб мешуд, на њама занон имкони ба кори љамъиятї машѓул шуданро доштанд. Бо вуљуди пурќувват будани дастгоњи идеологии шўравї фоизи хеле ками занон аз риояи фосилаи таваллуд ва танзими оила бохабар буданд ва дар натиљаи таваллуди паињам љисми занон заиф гашта, аксари онњо гириф-

тори камхунї мешуданд. Аз миёнаи солњои навадум сар карда, дар њама шањру ноњияњо марказњои танзими оила ва солимии репродуктивї амал мекунанд. Кормандони марказњои танзими оила ба занону духтарон оид ба сабабу оќибатњои камхунї, тарзи истифодаи воситањои пешгирии њамл, риояи фосилаи таваллуд, оќибатњои ногувори исќоти њамл, тарзи дурусти ширмаконї, риояи гигиенаи шахсї маслињатњо медињанд. Бо вуљуди амалишавии як ќатор тадбирњо њанўз дар њаёти бонувони кишвар мушкилотњои зиёд љой доранд. Бо назардошти ин њама њаллу фасли масъалањои вобаста ба занон яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати Њукумати љумњурї ќарор гирифтааст. Ќабули "Стратегияи миллии фаъол гардонидани наќши занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020" (Ќарори Њукумати љумњурї №269 аз 29 майи соли 2010) гувоњи ин гуфтањост. Њадафи асосии ќабули Стратегияи мазкур бо маќсади таъмини рушди устувори љомеа фароњам овардани шароити зарурї барои пурратар амалї кардани ширкати васеъи занон дар тамоми соњањои њаёти иљтимої мебошад. Љињатњои назарраси њаљљати мазкур дар он аст, ки ширкати фаъолонаи занон дар сиёсат боиси хубтар ба роњ мондани кор дар њама соњањо мегардад. Зеро бонувон дар фаъолияти хеш нисбатан серталаб буда, ба мушкилоти табаќаи эњтиёљманди љомеа бештар нигоњи ѓамхорона доранд. Њамчунин амалишавии Стратегия ба зиёд шудани иштироки занон дар бозори мењнат низ мусоидат мекунад. Њукумати љумњурї бо ин маќсад таъсисдињандањои љойњои корї барои занонро дастгирї мекунад. Барои фароњам омадани шароити хуби корї барои занон теъдоди муасиссањои томактабї низ дар мамлакат бештар ва дастрастар хоњад шуд. Бояд ќайд кард, ки њанўз бисёр љабрдидагони зўроварии хонаводагї аз тарси ќасоси љониби муќобил ва гапу калочаи мардум ба њељ куљо мурољиат намеку нанд. Дар Стратегия бањри њимояи њуќуќи занон зимни хушунати хонаводагї, таъмини баробарњуќуќии миёни мардону занон, пешгирии одамрабої ва кор бо ќурбониёни траффики занону духтарон бахши муайян људо карда шудааст. Солњои охир бо ављ гирифтани муњољирати мењнатї бори вазнини тарбияи кўдакон дар баъзе оилањо пурра ба зиммаи занон афтод. Бо ин сабаб яке аз самтњои асосии Стратегия ба мустањкамкунии наќши оила бахшида шудааст. Тавре мебинем, "Стратегияи миллии фаъол гардонидани наќши занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020" њама пањлўњои рушди фаъолияти занонро дар бар гирифтааст, вале оё он дар сатњи зарурї бо натиљаи дилхоњ амалї мегардад? Дар љумњу рї имрўз бо дастгирии Фонди Канада мониторинги амалишавии Стратегияи мазкур гузаронида мешавад. Итминон дорем, ки дар амал татбиќ ёфтани худи Стратегия бисёр мушкилоти занонро бартараф сохта, наќш ва маќоми онњоро дар љомеа боз њам баланд мегардонад. Чунонки Сардори давлат Э. Рањмон дар ин хусус фармудааст: "Љомеае, ки ба зан - мо дар ѓамхорї менамояд, ба ояндаи худаш ѓамхорї мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар - ин сарчашмаи њаёт ва баќои насли инсонї бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медињад".

Б. ДАРВЕШЗОДА

Дар Тољикистон љињати амалї намудани сиёсати гендерї ва ё таъмини баробарњуќуќии занон ќадамњои љиддї гузошта шудаанд ва аллакай пешравињо ба назар мерасанд. Пеш аз њама ќонунгузории кишвар ба ин масъала замина гузошт, яъне дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон талаботи "Њама дар назди ќонун баробаранд" амал мекунад.

БАРОБАРИИ ТАЌСИМОТИ САЊМИ ЗАМИН

ё мавќеи занон дар пешрафти хољагињои дењќонї

Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо" дар амал татбиќ мегардад. Инчунин, муњим будани масъалаи боло бурдани наќши занро дар љомеъа ба инобат гирифта, њанўз соли 1999, тањти раќами 5 фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа" содир гардид, ки ба раванди устуворгардии мавќеи занон такони љиддї бахшид. Иштироки баробари занону мардон дар соњањои хољагии халќ бешубња, омили муњими пешрафти на танњо маънавї, балки пешрафти иљтисодию иљтимої низ ба шумор меравад. Мувофиќи маълумоти оморї сол аз сол теъдоди занњо дар маќомоти идораи давлатї, маорифу фарњанг ва солњои охир дар соњибкорї низ меафзояд. Аз ин бармеояд, ки имрўз пешрафти ягон соњаро наметавон бе ширкати занон тасаввур кард. Аммо дар баробари пешрафт дар сиёсати гендерї то њанўз мушкилоти зиёде низ њаст, ки бояд њал карда шавад. Махсусан, татбиќи сиёсати гендерї дар самти дастрасии занон ба замин ва дар ин замина рушди истењсолоти кишоварзї боиси нигаронї аст. Маълум, ки тибќи ќонуну ќарорњо ба њар як сањмдор бояд сањми заминаш дода шавад, то ў тавонад хољагии худро ташкил карда, дар истењсоли мањсулот ба пешрафт ноил гардад. Оё метавон гуфт, ки дар гирифтани сањми замин ва ташкили хољагии дењќонї занону мардон баробаранд? Мехоњем ба ин суол посух ёбем. Барои муайян кардани иштироки занону мардон дар истењсолоти кишоварзї ва идоракунии он, инчунин, омўзиши вазъи иљтимоии сокинони дењот ташкилотњои гуногуни байналмиллалї ва ватанї тањќиќот мегузаронанд. Тибќи тањќиќоте, ки соли 2011 Бонки Љањонї дар њамкорї бо ташкилотњои байналмиллалии ЮСАИД, Њелветас, Лоињаи баќайдгирї ва системаи кадастри замин ва ташкилоти љамъиятии "Рушди дењот" анљом дод, дар шаклњои хољагидорї иштироки занону мардон чунин аст: 61,4 фоизи кормандони кооперативњои истењсолї ва 53,2 фоизи кормандони хољагињои коллективиро занон ташкил медињанд. Дар хољагињои дењќонии оилавї 42,4 фоиз, дар хољагињои инфиродї бошад 47 фоиз занњо зањмат мекашанд. Аз ин бармеояд, ки мардњо дар ташкил ва идора кардани хољагии дењќонии оилавї ва инфиродї ташаббусро ба

даст гирифтаанд. Ин љо саволе пайдо мешавад, ки чи гуна теъдоди занњо дар хољагињои кооперативї ва коллективї зиёд асту пас аз ташкил кардани хољагии дењќонї теъдодашон якбора кам мегардад. Мантиќан агар дар хољагии кооперативї ва ё љамоавї занњо бештар кор кунанд, пас сањмдорон- занон бояд бештар бошанд ва њангоми таќсими сањми замин низ теъдоди онњо зиёдтар аз мардњо бошад. Таваљљуњ мекунем бар раќамњо: дар хољагињои дењќонї 57,4 фоиз занњо ва 42,6 фоиз мардњо фаъолият менамоянд, аммо 83,3 фоизи хољагињои дењќониро мардњо роњбарї мекунанд. Дар ин самт занњои сарвар њамагї 16,7 фоизро ташкил медињанд. Ин нишондињанда, яъне иштироки занњо дар маќомоти мањаллии њокимияти давлатї бошад 13,3 фоизро ташкил медињад. Пеш аз њама, суоле пайдо мешавад, ки чаро њангоми таъсис додани хољагии дењќонї, яъне пас аз таљдид, шумораи занњо дар хољагињо кам мегардад? Барои дарёфти љавоб ба ин суол мо хољагињои нави дењќонию оилавиро аз назари минтаќањо муќоиса кардем. Имрўз бештар аз 50 фоизи хољагињои дењќонї асосан дар навоњии кўњистон ташкил карда шудааст. Он љо бошад иќлим сардтар буда, занњо дар кори сањро ва алалхусус роњбарии хољагї, бо мушкилоти зиёд рў ба рў мегарданд. Инчунин, бояд урфу одат ва анъанањои миллиро низ ба инобат гирифт. Маълум, ки дар мо коркун асосан мард аст ва зан кадбонуи хона. Дар навоњии кўњистон ин анъана то имрўз бештар риоя мегардад ва дар ташкили хољагї њам ин тамоюл ба назар мерасад. Илова бар ин, дар навоњии кўњистон на боѓчаи бачагон асту на шароити дигари парастории кўдак. Њангоми сўњбат бо занњо дар навоњии Айнї, Рашт, Нуробод, Шўрообод, Љиргатол ин гуфтањо тасдиќ гардиданд. Дар баробари ин, бештар аз 50 фоизи занњо њангоми касалї аз хољагии дењќонї ягон хел кўмакпулї намегиранд. Њамагї 36 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки кам њам бошад кўмакпулї мегиранд. Маълум, ки зан бояд барои нигоњубини кўдаки навзод низ кумакпулї гирад, аммо бештар аз 60 фоизи заноне,

ки дар хољагињои дењќонї кор мекунанд, чунин кўмакпулї намегирифтаанд. Мушкилоти дигар барои хољагињои дењќонии оилавию инфиродї андози иљтимої аст. Андози иљтимої албатта, барои дар оянда ба нафаќа баромадани аъзои хољагї муњим мебошад. Соли гузашта ба Кодекси андоз як ќатор таѓироту иловањо ворид гардид. Яке аз чунин таѓйирот аз 15 сомонї ба 10 сомонї фаровардани миќдори пардохти андози иљтимої мебошад. Ин албатта, барои аъзои хољагињо то андозае кўмак аст, аммо хољагињои навоњии кўњистон асосан хурд буда, аз замин як њосил мегиранд ва наметавонанд њамин маблаѓро њам пардохт намоянд. Масалан, баъзе хољагињо 0,04-0,06 га замин доранд ва 3 нафар сањмдор. Барои онњо лозим аст, ки њар моњ 30 сомонї андози иљтимої пардохт кунанд. Ин маблаѓ дар як сол 360 сомониро ташкил медињад. Тасаввур кунед, ки замини хурд, илова бар ин лалмї. Хољагидорро лозим аст, ки андози заминро пардохт кунад ва инчунин андози иљтимоиро низ. Пас, аз 0,04 ё 0,07 га замини лалмї ў метавонад њамаи андозњоро пардохта, боз фоида гирад? Албатта, мушкил аст. Ин омилњо водор мекунанд, ки сол аз сол теъдоди сањмдорон, махсусан, занњо дар хољагињои дењќонии оилавию инфиродї кам шавад. Бояд таъкид кард, ки теъдоди занњо дар хољагињои навоњии њамвор, ба истилоњ пахтакор, нисбат ба навоњии кўњистон хеле фарќ дорад. Дар ин ноњияњо ќариб 40 фоизи сарварони хољагињоро занњо ташкил медињанд. Сабаб он аст, ки дар ноњияњои пахтакор шароит барои мењнати занњо ва ширкати онњо дар корњо бењтар мебошад. Инчунин, дар шароити гарми ноњияњои њамвор аз замин камаш ду њосил гирифтан мумкин аст, яъне даромаднокии чунин хољагињо зиёд буда, занњо бештар барои кор кардан њавасманд њастанд. Ба андешаи мо дасти ёрї дароз кардан ба занњо, махсусан, дар навоњии кўњистон, хеле муњим аст, то ки онњо тавонанд дар баробари мардон дар хољагидорї ширкат намоянд. Таљриба нишон медињад, ки занњо дар хољагидорї ва афзоиши истењсоли мањсулот аз мардњо кам нестанд. Бештар ба кор љалб кардани занњо бошад, танњо ба манфиати љомеъа аст, чунки зани дар истењсолот машѓули кор бештар медонад ва дар тарбияи фарзанд низ бештар саъй хоњад кард.

М. ЌУРБОНОВА


13

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Наврўз љашни динї нест!

ВАЛЕ Наврўз аз ин ќоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарњанг ва мењр сарчашма гирифта, њељ гоњ кўњнашавиро намепазирад ва дар таърихи фарњанги форсу тољик ба сифати љашни муњимтарини аљдодї ва миллї шинохта шудааст. Дар таърихи беш аз шашњазорсолаи ниёгони мо кешњои гуногуни табиатпарастї вуљуд дошта, мутобиќи ривоятњои дерина, љашнњои Наврўзу Мењргон њанўз шаш њазор сол ќабл вуљуд доштанд. Зардушти Спитамон бошад, мувофиќи аќидаи аксари муњаќќиќони гуногун таќрибан 2700 - 3000 сол ќабл, яъне 3000 сол баъди љашнгирињои Наврўз падид омадааст. Асли баргузории љашнро ба шањриёри нахустин Љамшед нисбат медињанд. Аз ин рў, мо мехоњем дар бораи моњияти он чанд ахбори ба мо расидаро иброз намоем. Љамшед, ба ќавли муњаќќиќон, авв алин шањ риёри донишманди љањони ориёист, ки мушкилоти зиндагиро дар мизони аќлу хирад баркашида, дар њалли масоили муњим аз донишу биниши воќеї мадад љустааст (Љамолї М. Сиёњмашќњои рўзонаи як файласуф. Бахши дуввум. Ландан: Курмалї, 1995). Ин шањриёри дерин танњо бо хираду фарњанг дигаргун кардани љомеаи инсониро имконпазир дониста, ба хотири саодатманд сохтани мардум ва аз љањлу залолат наљот додани инсоният аз усули биниши илмї кор гирифтааст. Љамшед - оварандаи Наврўз бо истифода аз усули корагари илму хирад дар замин сохтани бињиштро ба наќша мегирад ва рўзи ба итмом расонидани сохтмони бињишти рўйи заминро Наврўз меномад (М. Шоњнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан). Ба ќавли донишмандон, дар даврони Љамшед ва айёми наврўзї мардум ба шукуфоии фикрї, эљодї, фарњангї, иќтисодї ва рифоњи молї мерасанд: хонањои бошукўњ барпо мекунанд, гармобањо месозанд, љавоњирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранљом дар нозу неъмат ѓарќ мешаванд (Толеъ Њушанг. Таърихи тамаддун ва фарњанги Ирони куњан.Тењрон, 1386). Љомеаи давраи Љамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоњу осоиш ѓарќ мешавад, ки ранљу дард, зулму бадї, заъфу нотавонї ва пирию бемориро аз ёд мебарорад ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебарад. Ба ин тарз, дар њу кумати наврўзї њар кас муносиби аќлу заковат ва њунару касбияташ сазовори кору амале шудааст. Наврўзи љамшедї љашни тантанаи мењр, хирад, адолат, озодї, накўї ва било-

Дар арафаи љашни байналмилалии Наврўз чанд маќолае нашр гардид, ки онро муаллифон ба Зардушт ва дини зардуштї нисбат додаанд. Дар ин замони њассос аввало чунин масъалагузорї барои парокандагиву ба гурўњњо таќсим кардани мардум сабаб шавад, аз љониби дигар аз мантиќ ва њаќиќати таърихї дур аст. Дар саросари дунё, аз ќадим то имрўз љашну маросимњои зиёде мавриди таљлил ќарор гирифтаанд, ки хусусиёти ќавмї, ќабилавї, этникї ва динї дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарњанги ќавмї ва динї мањдуд мешаванд.

хира бинишсозї буд. Тибќи маълумоти маъхазњо, Љамшед рўзњ ои моњро бахш карда, 5 рўзи нахустро барои бузургон, 5 рўзи дувумро Наврўзи подшоњ ќарор дод, ки дар он њадяњо медод ва инъомњо мегирифт, 5 рўзи севумро барои коргузорони шоњ нињод, 5 рўзи чорумро барои вижагони шоњ гузошт, 5 рўзи панљумро барои сипоњиён нињод ва 5 рўзи шашумро барои раъоё гузошт, ки маљмўан, 30 рўзро ташкил медод ва муддати моњ Наврўз таљлил мешуд (Љоњиз Абўусмон. Наврўзи бостонї. Тењрон, 1384). Ба таъбири дигар, Љамшед тўли як моњ бо тамоми нињодњои иљтимої Наврўзро таљлил мекард. Љамшед бо замин ва зиндагии воќеї пайвастагї дошта, дар ин љањон комравої ва инсонвор зистанро тарѓиб кардааст. Fояи дунявият, ки љомеаи мутамаддини урупої аз он сахт истиќбол мекунад, дар таърихи илму фарњанги мо решањои амиќ дорад. Ин Љамшед буд,

ки ба бунёди љомеаи озоди мардумсолорї (демократї) ва дунявї камар баста, асос ва хишти нахустини чунин љомеаро дар таърихи фарњанги миллї гузошт. Ў бо воќеъбинї, андешамандї ва дунёпарастии худ, ки њамагї ба биниши илмї гироиш доранд, дар олами андешаи миллї соњибмаќом гардидааст. Ба ќавли файласуфи муосири тољик Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимустуравї ва ниматаърихї пажўњишњои зиёде анљом додааст, "Љамшед чун як шахси таърихї, дар маснади фарњанги эронї ва њиндї ќарор дорад. Дар њарду фарњанг ба љињатњои дунявї, воќеъбинї ва ѓайридинии Љамшед таъкид шудааст. Дар њамин асос метавон ба ин натиља расид, ки асосгузори назари миллї ва озодандешии мардумони форсу тољик мањз њамин Љам писари Вивангањон будааст". Дар фарњанги љамшедї њ ар кўшише, ки бо хирадварзї робита дошта, бар раѓми љањлу залолат

равона шуда буд, сутуда шуда, он пирўзиро Наврў з мегуфтанд ва њамагон бо шодию сурур таљлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки љањолат бар адолат чангол задан мехост, Љамшед падид меомад ва торикї (љањолат)-ро бо рўшної (хирад) рафъ мекард. Фарњангшиноси асримиёнагии форсу тољик Абўрайњони Берунї наќлеро меоварад, ки тибќи он Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил мекунад, мардумро ба ќашшоќї ва гуруснагї мувољењ сохта, бад-ин тартиб дунёро нобуд кардан мехоњад. Љамшед бо амри Худованд ба манзили Иблису пайравони ў меравад, зулму залолатро барњам зада, баракату фаровониро меорад, мардум ин рўзро Наврўз мегўянд ва љашн мегиранд (Берунї А. Осор-ул-боќия.). Доду додгарї дар фарњанги сиёсии аќвоми эронитабор аз Љамшед шурўъ мешавад ва аљобат дар ин аст, ки додгарї ба замони зуњури Наврўз иртибот гирифтааст. Ин аст,

ки муаррихи маъруфи асримиёнагї Муњаммад ибни Љарири Табарї Наврўзро сароѓози додгарии Љамшед донистааст (Таърихи Табарї. Таълифи Муњаммад бини Љарири Табарї. Љилди аввал. Тарљумаи Абулќосими Поянда. Тењрон: Нашри асотир, 1352. -С.21). Ободии иљтимої ва рифоњи зиндагї танњо дар сурате даст медињад, ки инсон љустуљўгар, њушёру зирак, мењрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, љашни Наврўз љашни растахези табиат, таљдиди зиндагї, њаракат, љунбиш, такопў ва кор аст (Разї Њошим. Гоњшуморї ва љашнњои Ирони бостон. Тењрон, 1380.-с.274). Љашнњои миллии мо (Наврўз, Тиргон, Мењргон, Сада), ки Наврўз муњимтарини онњост, барои танзими барномањои зиндагии инсонї офарида шудаанд (Рўњуламинї Мањмуд. Ойинњо ва љашнњои куњан дар Ирони имрўз. Тењрон, чопи аввал, 1376. -с.15). Ин аст, ки дар маркази таваљљуњи љашнњои миллї, минљумла Наврўз зиндагї, шинохти маќоми инсон, сохтмони зиндагии шоиста ва арзанда барои инсоният меистад. Њазораи Љамшед њазораи хирадварзию навандешї мањсуб мешавад. Наврўз, ки дар худ гармию мењрварзиро таљассум мекунад, аз оѓоз дар муќобили сардию сармо, дарду бало, љабру љафо ва љањлу хато ќарор дошт. Таъкид кардан бамаврид аст, ки зимистон ва сардї дар фарњанги ориёї рамзи торикї, љањолат ва бадбахтї буда, тибќи ривоёт, Љамшед барои рањоии мардум аз сармою сардии шадид диже месозад ва бад-ин минвол, инсониятро дар гармию нармї нигоњ медорад (Бањор Мењрдод. Пажўњише дар асотири Ирон. - Тењрон, 1362. -с. 165-169). Њамин тариќ, Љамшед шахсиятест, ки пеш аз њама, бо мењру хирад мусаллат аст ва инсонест сиришта аз њувияту асолат. Ин хасисаи љавњарї аз Љамшед ба дигар шоњону шањриёрон мунтаќил мегардад ва дар маљмўъ, љањони фарњанги сиёсї ва биниши миллии хиттаи Хуросону Иронро дар љуѓрофиёи љањонї мушаххас мекунад. Хулласи калом, Наврўз яке аз љашнњои ниёгон буда, ба таълимоти динї алоќаманд нест. Мањз тавассути чунин айбљўињои замони шўравї буд, ки Наврўзро чун зуњуроти динї пиндошта, ба таљлили он рухсат надода буданд. Ва азбаски чунин нест ва аз таассубњои кешї озод аст, имрўз љањонї гардид.

Нозим НУРОВ, муњаќќиќ, устоди ДДСТ

ГУЛПАРВАРЇ ЗЕБОИПАРАСТИСТ Бањорро фасли гулњо мегўянд, зеро аксар дарахту бутта ва гиёњон мањз дар ин мавсим гул мекунанд. Ба хотири назаррабо гаштани манзил ва раставу кўчањо одамон аз ќадим гулпарварї мекарданд. Тамошои гулзор, бўидани гулњо асабро орому табъро хуш месозад. Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати љумњурї ва Вазорати кишоварзї дар боѓи "Дўстии халќњо"-и пойтахт намоиш ва фурўши гулу нињолњо доир гардид. Њангоми боздид аз намоишгоњ шахсони зиёде дар бораи гулпарвари номї Очилбек Бобомуродов бо мењр сухан мекарданд. -Ў нисфи шањрро гулзор кардааст, мегуфт яке. -Очилбек ба аксар гулпарварон њаќќи устодї дорад, - мегуфт дигаре.

-Вай баробари як хољагии гулпарварї манфиат мерасонад,- илова мекард сеюмї. Устоди литсейи њунарии шањри Душанбе Очилбек Бобомуродов аз солњои њафтодуми асри гузашта ба гулпарварї шавќу раѓбат дорад. Њарчанд ў Донишкадаи политехникї (њоло Донишгоњи техникї)-и Тољикистонро хатм намуда бошад њам, дар лањзањои фориѓ аз кор ба нигоњубини гулњо машѓул буд. Имрўз сањни Донишкадаи соњибкорї ва хизмати Тољикистон миёни макотиби олии мамлакат яке аз пургултарину зеботаринњо мањсуб меёбад. Дар бунёди гулгашти донишкадаи мазкур сањми Очилбек хеле калон аст. -Гулу растанињо гази карбонати аз одаму њайвонот ва наќлиёт хориљшударо фурў бурда, ба мо оксигени барои њаёт

заруриро медињанд, - мегўяд Очилбек Бобомуродов. - "Дўстони сабз"-и мо фазои хонаву њуљрањои кориро пур аз конњои бактериякуш намуда, њаворо тоза мекунанд. Нигаристан ба гулу растанињо рўњи касро болидаву табъро хуш ва чашму асабро аз хасташавї рањо месозад. Тавре олимон муайян кардаанд, танњо як нињоли анљибар (геран) ва бегония 43%, сиперус 59% ва майдагул 66% њавои њуљраи корї (хона)-ро тоза мекунанд. Аз ин рў, хоњед ки тамоми сол накњати бањорро эњсос намоед, гулпарварї кунед. Њоло дар назди бисёр маѓозаву идора ва мењмонхонањо гулњои гуногунро бо завќи баланд кишт намуда, атрофашро тавора мегиранд, то баъзе ашхоси пастмаърифат поймол накунанд. Агар бо 510 соли пешин муќоиса кунем, мебинем,

ки номгў ва теъдоди гулњо дар пойтахту шањрњои калон хеле зиёд гаштааст. Ин аз он гувоњї медињад, ки теъдоди гулпарварон афзун ва завќи мардум баланд гашта истодааст. Кош сафи ин гуна зебопарастон бештар гардад.

С. АМИНИЁН


14

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

21 марти њамин сол дар Наврўзгоњи пойтахт садои ширину марѓуладори Бобои Файзи Сулаймон њамагонро бори дигар волаву мафтун кард. Имрўз, гарчанде ки ўро дўст медоранду пайваста сурудњои шўхиомези ўро мешунаванд, вале теъдоди хеле мањдуди мухлисон аз зиндагии хоксоронаи Бобои Файз маълумот доранд. На њама огањанд, ки рўзу рўзгори ў чї пастиву нишебињо дорад. Бо маќсади ошноии бештаре бо ин марди шўхтабиат ва ширинтабассум бо ў суњбате анљом додем, ки манзури хонандагон ва њаводорони њунари ў гардонем. Ваќте ки Бобои Файз ба утоќи кории мо ворид шуд, дар чењрааш њамон табассуми дилнишин буд, ки њамеша аз табъи болидааш дарак медод. Ба чењраи нуронии ў назар афканда, гумон мекардам, ки шахси хушбахт аст ва хеле зиндагии орому бомаром дорад. Вале…

Бобои Файз:

ШУЊРАТ БАРОИ МАН БЕГОНА АСТ! - Ман Файзи Сулаймон. 24 июни соли 1940 дар дењаи Булёни болои ноњияи Данѓара, дар оилаи дењќон чашм ба олами њастї кушодам. Айёми кўдакиям бо ранљу зањмати зиёд сипарї шуд. Соли 1941 падарам ба таври ихтиёрї ба Љанги Бузурги ватанї рафт ва соли 1945 аз як пояш мањрум баргашт ва баъди чанде аз бемории саратон даргузашт. Солњои баъдиљангї вазъи зиндагии мо на он ќадар хуб буд. Ману бародарам Сайфиддин ятим мондем. Модарам вазъи сангини зиндагиро тањаммул карда натавониста ноилољ боз шавњар кард, маро бобоям ба тарбияи худ гирифт. Бобоям чорвои зиёд дошт. Чорворо дар дашту дамани Данѓара мечаронидаму суруд мехондам. Бародарам Сайфиддин њам аз беморї даргузашт, баъди он бобоям низ фавтид ва ман бесоњиб мондам. Маљбур шудам ба назди модарам равам. Дар хонаи модар маро пияндар бисёр азоб медод. Дар ноњияи собиќ Совет (њоло н.Темурмалик) мисли хари боркаш кор мекардам. Ба азобу ранљи пияндар тоќат накарда бо њамроњи як рафиќам аз хона фирор карда, ба хона-интернати шањри Ќўрѓонтеппа омадам. Он ваќт њамагї 14-15 сол доштам. Вазъияти он љо низ маро маљбур кард, ки дере нагузашта ба ш.Сталинобод фирор кунам. Як шаб дар чойхона хоб карда, рўзи дигар ба дасти кормандони Вазорати Корњои Дохилї афтодам. Ман аз тарс ба навбатдорони Вазорат суруди "Шутурбача дар баландї"-ро хондам. Кормандони милиса ин сурудро шунида хеле завќ бурданд ва маро ба хона-интернати Файзобод фиристоданд. Он љо њам суруд мехондам, њам дарс. Забони русї ва ўзбекиро низ дар он љо омўхтам. Инчунин навохтани чанд асбоби мусиќиро низ ёд гирифта, дар озмунњо ва мањфилњои мактабї иштирок мекардам. Хуб, дар н.Файзобод низ як сол тањсил кардам. Рўзе дар хона-интернат озмуни сурудхонї баргузор гардид. Аъзои њакамон аз шањри Душанбе омада буданд. Дар байни 13 нафар суруд хондам. Аъзои комиссия маро интихоб карда, ба мактаби мусиќии ба номи Довженко оварданд. Њамин тавр, њам дар мактаби мусиќї тањсил мекардам, њам дар мактаби миёнаи №15. Он љо асбобњои нафасї, аз љумла навохтани трубаро омўхтам.

Иљтимоиёт Яке аз вазифањои муњиме, ки дар назди роњбарону масъулини ноњияи Балљувон истодааст, ин бештар намудани љойњои кори доимї барои сокинони маркази шањрак ба њисоб меравад. Аз љумла, таъсиси сехи дўзандагї ва соњиби љойи кор шудани 60 нафар занону љавондухтарони ноњия иќдоми наљибест, ки чанде ќабл бо ташаббуси соњибкори минтаќа Њасан Файзов ва бо дастгирии раиси њукумати ноњия Фотењ Аминов

Аз хурдї радиоро зиёд гўш мекардам. Сурудњои шодравон Акашариф Љўраев, Одина Њошимро бо завќи том мешунидам. Китобњои бадеї, аз љумла Бедилу Саъдї, Хайёмро мехондам. Бештар рубоиёту дубайтињои мардумиро азёд мекардам, њатто худам аз зиндагии њаррўзаи мардум суруд меофаридам ва оњанг мебастам. Баъди хатми мактаби мусиќї маљбур шудам, ки кор кунам. Охир, зиндагиро пеш бурдан лозим. Як сол дар фурудгоњи Душанбе њамчун киномеханик фаъолият кардам. Гоњо дар театр маро барои иљрои наќшњои мазњакавї даъват мекарданд. Дидам, ки бо ин кор зиндагї пеш намеравад ва дар дил ба сарояндагї завќи беандоза доштам, ба ноњияи Ленин (њоло н.Рўдакї) ба Омўзишгоњи маданї-равшаннамої, ки директораш Партов Бўйдоќов буд, шомил шудам. Он љо њам мехондам ва њам дар театри ноњия кор мекардам. Њамин тавр соли 1961 маро ба н.Восеъ даъват карданд ва он љо чанд муддат киномеханик шуда, кор кардам. Он солњо наќши кино дар њаёти фарњангии мардуми музофот хеле назаррас буд ва ман дар колхозњо, дар кўњу сањро барои дањмардањо кино нишон медодам. Соли 1965 дар шањрњои Восточная Пруссия, назди бањри Балтика 3 сол дар сафи Артиш хизмат кардам. Ман, ки касби ронандагиро низ омў-

хта будам, бештар мошин мерондам. Он ваќт мутаассифона, дутор надоштам, рўзе шавќам омада бо гитара суруди тољикї хондам. Дар байни тамошобинон афсарон њам буданд. Њунарам ба онњо писанд омаду маро ба "Хонаи афсарон" (Дом офицеров) ба кор гирифтанд. Онњо пайваста ба ман мегуфтанд, ки дар ин ќисми њарбї фаќат барои мо суруд бихон ва ягон кори љисмонї накун. Маро аз њамаи корњои љисмонї озод карда буданд. Барои афсарони рус бо се забон; тољикї, русї ва ўзбекї суруд месароидам. Баъд аз хизмати Артиш ба Ватан баргаштам. Он ваќт дар сафи Артиш хизмат кардан фахр буд. Маро бобоям Рањим бояд оиладор мекард. Ман бошам, ба як духтари њамдењаамон ошиќ шудам. Модараш маро бењад бад медид. Борњо бобоям ба хонаи онњо ба хостгорї рафт, аммо таќдир набудааст, модараш розї нашуд… - Дар идомаи суњбат аз мусоњибам пурсидам, ки суруди маъруфи "Очата бгу…" чї тавр тавлид шудааст? Бобои Файз гуфт: - Ин сурудро барои очаи њамон духтар эљод кардаам. Очаи духтар маро дар назди њамдењагон њамеша шармсор мекард, суханњои пасту баланд мегуфт, бо иборањои "гўсфанд, ќадпастаки турсуќак" тањќир мекард. Ин иборањоро љамъ

Захирањои корї амалї гардид. -Иќдом намудаем, ки дар минбаъда роњњои самараноки бо љойњои нави корї таъмин намудани љавононро дар минтаќа дарёфта, барои рушду тараќќї додани хољагии халќи ноњия кўшиш ба харљ дињем. Барои вусъати ин маќсади нек дар минтаќаи мо тамоми захирањои лозимї мављуданд, --мегўяд раиси кумиљроияи ЊХДТ дар ноњияи Балљувон С.Рањмоналиев. Чанде пеш ба корхонаи мазкур боз 55 мошинаи

аълосифати дарздўзии "Ямата" ворид карда шуд. Коргарону чеварони сех тўли се моњ аз њисоби корхона ба тариќи ройгон барои муњассилини мактаб-интернатњо ва хизматчиёну кормандони дармонгоњ ва касалхонаи марказии ноњия рўкашњои бистару болинњо, матоъњои хушдўхти махсус барои рахти хоб, сару либосњои зарурї барои хизматчиёни бахши тибби минтаќа омода месозанд.

А.САЛОМАТШОЕВА

карда сурудам. Он модари бевафо духтарашро ба шавњар дод ва дар тўяш ин сурудро бо дутор сароидам. То њанўз аз ишќи он бевафо дар дилам доѓе мондааст. Бобои Файз дар идомаи суњбат меафзояд, ки сурудњои ў танњо ба хотири муњаббаташ ба мардум аст: -Ман то њол дар ягон ансамбл кор накардаам. Халќи оддиро дўст медорам ва танњо барои ањли зањмат месароям, барои онњое, ки шўхињои маро мефањманд. Шукри Худо соњиби 5 фарзандам, зиндагии хуб дорам. Шўњрат бароям бегона аст, унвоне надорам, мукофоти њунарам танњо кафкўбии мухлисон аст. Муњаббати мардум барои ман унвон аст. - Дар баъзе газетањо суруди "Очата бгу…" каме танќид шуд… - Маро ба ягон ромишгари касбї баробар накунанд… Ман сарояндаи халќї њастам ва фаќат сурудњои њаљвии халќї месароям. Гумон мекунам ин амал њељ айбе надорад. Агар сурудњои шўхимез ва мутоибањои ман ба касе маъќул набошад, бигзор гўш накунад… Ва зери лаб мегўяд,- Ин тоифа аз њама айб мељуянду айби худро намебинанд. - Ягон фарзанди Шумо ба роњи санъат рафтааст? - Рости гап, не! Ваќтњои охир баъзе ашхос маро бисёр дилшика-

ста кардаанд… барои њамин намехоњам ягон фарзандам пешаи маро интихоб кунад… - Кадом намуди таомро меписандед? - Гармсўз (ордоб)-ро…(сидќан табассум намуд). - Ба тўю маъракањо зиёд меравед? - Бале, лекин танњо ба тўйю маъракањои дўстон. - Дар пирї ошиќ шудаед? - Не! Ишќи пирї бало аст ва ман дар пирї ошиќ нашудаам ва Худо кунад, ки ошиќ њам нашавам…Ба дигар мўйсафедони ришдору бериш низ њаминро маслињат медињам.. - Дар Наврўзгоњи пойтахт Шумо даъватї будед? - Ростї, ваќте маро ба ин чорабинї даъват намуданд, омода набудам ва хабар њам надоштам. Бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди њукумати ЉТ ва коргардони масъули барномаи Наврўзии соли 2013 Убайдуллои Раљаб маро даъват намуданд. Дар он љо бо суруди "Очата бгу…" баромад кардам. Он рўз бароям рўзи хотирмон буд, ки шўхињои маро Президенти кишвар Эмомалї Рањмон хуб пазируфт ва ќадрдонї кард. Ман Президенти кишварро, ки шахси фарњангпаноњ аст ва њунари асилро дўст медорад, хеле эњтиром мекунам, бубинед, ки як њунари хоксоронаи каминаро чї тавр ќадрдонї намуд. Воќеан њам дили бузург дорад… - Чанд сомонї нафаќа мегиред? - Ин саволатон андаке хандаовар аст. Нафаќаи ман 200 сомонист, ки ба зиндагиам њељ намерасад. Оилаам бемор аст. Ман баднафс нестам, аќаллан 500 сомонї нафаќа дињанд, барои рўзгорам басанда буд. Ман аз Минбари шумо, ки аслан минбари мо халќи оддї аст, истифода намуда, аз Мањмадулло Сайдалиев, раиси ноњияи Данѓара эњтиромона хоњиш дорам, ки ба зиёд кардани нафаќаам мусоидат кунад. (Шўхиомез чашмакї мезанад,- њамин суханонамро њатман навис духтарам) Мо-ањли ќалами њафтаномаи "Минбари халќ" ба ромишгари мардумї-Файзи Сулаймон саодату сарбаландї таманно дорем. Бигзор навои дутори дилнавозу овози марѓубаш њамеша танинандоз бошад. Моњрухсор РАЊИМОВА, рўзноманигор


Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

Сарбоз

Нозу ѓамза

Амали аз чойник ба пиёла гузарондани моеъ

Унсури кимиёвї, С

Инсони аввалин

Муќобили «арзонї»

Наќлиёти зеризаминї

Махмурї аз шароб

Фикру андеша

... -Франсиско, шањр дар ИМА

Вахш + Панљ= ?

Чуќурї, амиќї

Ноз, ѓамза

Њолати аз майдон берун шудани тўб

Модар (ўзб.)

Як навъи сайти интернетї

Кристиан ..., моделйери фаронсавї

Падар (лањљ.)

… Алї Зардорї, президенти Покистон

Коргардони филмњои афсонавии шўравї

Навъ, гуна Чўбдаст

Љавоби «СКАНВОРД»-и шумораи 4 апрели соли 2013, №14 (889)

Муќова

Ч Т А Б А С С А Њ У М А С Д О Л А Н С У Г У У Р Ш Б Е Т

Лабханд

Бо он хонаро мерўбанд

Пешвои фашистони Олмон … Гитлер

Бепул, ройгон

Банди оњанин барои мошинкашї

Навъи андоз

Ѓизол

Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

Майлу хоњиши ќавї

Баќувват

... Раљаб, шоири тољик

Пайрави машќи њиндї

Но њи яи ба ла ндк ўњ да р в.Су ѓд

Инс оф, адолат

Љањо н гир

Масолењи бинокорї

Б У М А А Н Р Г У Ш Л А Д Е Ш Љ И Паррандаи шабгард, чуѓз

Ороишоти занона

Кори сабза дар бањорон

Гармї, њарорат Мева

Бемории гулў

Њам, инчунин

Дору барои љароњат

Сўг, азо, му сибат

Ќў рѓо ши м

Кишвар, њамсояи Њиндустон

Чашмкољ

Ш ањр дар на здикии ш.Хуља нд

Њиссагузор ї дар ко ре

Мусибат

Моеи шаффофи беранг

Вараќаи сиёњи бомпўшї

Дар ќатори нотањо дуюм Бо почта расондани газетањо

«Нуќтаи баланд»-и оњанг

Нерўњои бањрї ё њавої

Дарду ѓусса

Ширеш

Фармон Алафи хўрдании сахтбўи кўњї

Аз падар барои фарзанд меситонанд

Мазаи ногувор

... дастон

Санги ќиматбањои сурхфом

Хитоб, овоз

Тифлњо

Љонбахш, равонбахш

Лоиња ё контур

"... одам аъзои якдигаранд"

Зоти мори печон

Гули калонбарги сафед

Моњи сол

Сароянда аз Эрон

Волидону фарзандон

Ду калимаи ба њам алоќаманд

Феврал …у њашт ё …у нўњ рўз дорад

Бозии варзишї бо тўб

Яке аз мазњабњои Ислом

Адади ... тираж

Ташкилоти варзишї

Шарм, њаё

Авлодї, меросї

... ва Масто, ширинкорони марњум

Штаб

Се карат ду карат як

«Тифл» ба забони кўдак

Унвони олии њарбї дар флоти бањрї

Бўрон, туѓён

Љоизаи синамонигорони Америка

Олати дуредгарї

Тахаллуси Ситсилия Хейфитс (зављаи Лоњутї)

Равѓани даруни буз, гов ва ѓ.

Саге, ки холи сиёњ ё сафед дорад

Нодор, ќашшоќ

СММ бо забони русї

… Сафина, сарояндаи рус

Бањр дар байни Америкањо

Тоза, зулол

Чароѓи сайёр

Мотам

Раќиби "Газел"

Ёсир ..., роњбари марњуми Фаластин

Њофизи эронї Эълони консерту кино

Ќайд, навишта

Муќобили «хайр»

Ѓизо

Њайкал барои ибодат

«…» гуфта аспњоро љеѓ мезананд», мегўянд русњо

Исён, балво Гашт, њаракат

Шакли амрии феъли «овардан»

Чуќур

15

ДОНИШАТРО БИСАНЉ...

Но њияи ќ ирѓизн ишини ка ртош ка па рва р

К А Л У К А Ш Е М Н О К Т Ч О А М Г И У З У Н А Р И О Н О М У Ш А У В О Р О Т Е П П Р Г А Асари бевазну ќофия

Раводид, виза

Барги ..., гиёњи табобатї

Њар даст панљтої до рад

"... Новости"

Дарё дар Хо рватия

Паррандаи хонагї

Ќадамзании ботант анаи аск арон

Пар ешонї, мушаввашї

О В С К О Ш У Ф У Р А У Н Д Х У Н И Н У У А Е И Р Х О Р Ќ Р О Р И Ш Т А А С Р А Р О С М О Н И Њ Л А У О Р Г У И Ф Я М У А А Л М И Р Ш А К А Р И Е О И С Р Ѓ К Е Н И Я А К С Г К Р Ф П И Р У З Ф Р И Е И О Р С М А Р К А С А Б Р А Й А А Р Е З А Р Б М Е В Т О Л К О П Е Н

Президенти Белоруссия

Додгоњ

Одату анъана

Т А Г И

Тунукаи чўбин

Оѓуштаи хун

Равшанї, зиё

Кунљи аз 90 то 180 градус

Кўдак, тифл

Сан ги кўњии б аѓоят сахт

Ш одмон, ху шњо л

Расм, сурат

Ресмон, банд

Ранги н ило бї , каб уд

Асари сегонаи адабї

Номи занонаи русї

Шакли дигари «њарфњо»

Назокат, зебої

Дарбењ

Тарона дар опера

Унвони Олимхон ё Темурланг

Во бас тагї , па йвастагї, р о бита

Шоир Мирсаид …

Муаллифи «Ромео ва Љулйетта»

Парлумони ИМА

Д авла т да р А фр и ќои Ша р ќї

Мато и дурушти пахтагин

И С Т Е Њ З О Б исёр (ла њља)

О Р И

... Дункан, зављаи шоири рус С.Есенин

Н аќ ши У. Р аља б да р ф илми « Му ља с са маи иш ќ»

Номи пешинаи Истаравшан

... Бусли, овозхо ни машњур и њинд

Зан бўр

А

Сурат, тасвир

Картошк аб ир ёни амрикої

Музаффар

Ќасрќа лъаи Мас кав

Давл ат дар А фр иќо

Т орњои б орики маѓзи сар

Фантастиканавис и сермањ су ли ИМА … Азимов

… кардан – монда рафтан

Рў зи пеш аз дина

Айшвария …, њу нарпе шаи њиндї

Пойтахти Дания

Яке аз чор амали арифметикї

Г

Н апо леон …, импер атор и Фар он са

Б О Н А П Р И Н А С Р О Ф А Т А У Р К А К А Ќ М О С Е Б Ќ А О М Љ Д О Р А А Р Б О С А Р Г А Р Д О А Г Е Н

Масхара

Санами бињиштї

Но њия бо осо и шго њи «Зумр ад»

Давлати дар љанубу шарќи Оси ё

Бародар (шева)

Хушк

Зарар

Холї, мањрум

О с мон, фа лак

В оридгоњ

Овора


16

Минбари халќ 11 апрели соли 2013 №15 (890)

ШИРКАТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ЉАЊОН

Варзиш

ОЃОЗИ МУСОБИЌАИ ЛИГАИ ОЛИИ ФУТБОЛ

Дар мавсими имсолаи лигаи олии футболи мамлакат, ки рўзи 6 апрел шурўъ шуд, 11 даста - "Равшан" (Кўлоб), "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), "Истиќлол" (Душанбе), "Хайр" (Вањдат), "Парвоз" (Бобољон Ѓафуров), "Вахш" (Ќўрѓонтеппа), ССКА "Помир" (Душанбе), "Хуљанд" (Хуљанд), "Истаравшан" (Истаравшан), "Энергетик" (Душанбе), "Панљшер" (Љалолиддини Румї) барои медалњои мусобиќа дар ду давр бо њам раќобат мекунанд. Дар даври аввали мусобиќа дар вохўрињои "Истиќлол""Вахш", "Парвоз"- ССКА "Помир" ва "Энергетик" - "Истаравшан" њисоб (0:0) кушода

нашуд. Соњибони майдон "Хайр"-и Вањдат "Панљшер"ро бо натиљаи 2:0 ва "Регар-ТадАз"-"Хуљанд"-ро бо њисоби 1:0 маѓлуб кард. Дастаи ќањрамон "Равшан" дар ин давр озод буд. Даври дуюми мусобиќа рўзњои 13 -14 апрел доир мешавад. 13 апрел (шанбе) "Хуљанд" -бо "Парвоз" ва "Вахш" -бо "Хайр" бозї мекунанд. 14 апрел (якшанбе) "Равшан" бо "Энергетик" ва "Панљшер" бо "Истиќлол" вомехўранд. Бозињо соати 16-00 оѓоз мешаванд.

Барои ширкат дар Чемпионати љањон оид ба муњорибаи љангї дастаи мунтахаби кишвар Абдукарим Ќузиев, Далер Каримов, Осимбек Муъминбеков, Шўњрат Дадобоев , Батир Атабоев, Саъдї Холов, Яњё Усмонов, Абдуляќин Абдуллоев, Мадина Солиева, мураббї Зариф Ќузиев ва роњбари гурўњ Фарњод Ахмедљонов аз санаи 18 то 21 апрели соли љорї ба шањри Москваи Федератсияи Русия сафар мекунанд.

ТАРЃИБИ КАРАТЕ КЁКУШИНКАЙ Бо ибтикори Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї санаи 2122 апрели соли равон бо маќсади тарѓиби карате кёкушинкай ва муайян намудани бењтарин варзишгарон љињати шомил шудан ба узви дастаи мунтахаби Тољикистон дар толори "Љашнї"-и шањри Хуљанди вилояти Суѓд мусобиќаи љумњуриявї оид ба ин намуди варзиш байни наврасон ва љавонони синни 8-15 сола баргузор мегардад. Дар чорабинї ширкати њайати дастањои Суѓд -1, Суѓд- 2, Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон -1, Хатлон- 2, шањру навоњии тобеи марказ ва ВМКБ дар назар аст.

РИШТАИ УМРИ ПАЙВАНД ГУСАСТ 8 апрел бар асари сактаи ќалб журналисти варзида ва донишманди маъруфи тољик Пайванди Гулмуродзода дар 56-солагї аз олам даргузашт. Пайванди Гулмуродзода 20 июли соли 1956 дар ноњияи Фориши вилояти Љиззахи Љумњурии Ўзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Баъди фаъолияти начандон тўлонї дар Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон, соли 1980 ба њайси омўзгор ба Донишгоњи давлатии миллии Тољикиситон ба кор гузашт. Соли 1989 дар Донишгоњи давлатии Маскав дар мавзўи "Ташаккули публисистикаи шўравии тољик" рисолаи номзадї њимоя кард. Ў ду маротиба солњои 1996-2001 ва 2005 -2006 вазифаи декани факултаи журналистика ва тарљумонии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба зимма дошт. Пайванди Гулмуродзода соњиби 7 фарзанд буда, аз худ асарњои тањќиќотии зиёде оид ба журналистика ва таърихи публисистикаи тољик ба мерос гузоштааст. Хотираи Пайванди Гулмуродзода дар дили њамкорон, дўстон ва шогирдонаш њамеша боќї мемонад.

Ањли ќалами "Минбари халќ"

А.ЉЎРАЕВ

«УРОЛЕЗИН ФОРТЕ» Таъсир: Маљмўи растанигии ин даво барои бењтар намудани вазъи функсионалии гурда ва роњњои пешобгузар таъсир расонида, инкишофи илтињоб ва боќимондаи пешобро нест мекунад. Таъсири антисептикї ва хусусияти нарми пешобронї дошта, , пайдоиши сангро пешгирї мекунад. Хунукии гурда пешобдонро аз байн мебарад. Фитомаљмўъ мубодилаи моддањоро ба меъор дароварда, организмро аз токсинњо ва дигар моддањои зараррасон тоза намуда, вазъи умумии шахсро бењ мегардонад. Истифода: ба калонсолон 1-2 њаб 3 бор дар як рўз, њангоми хўрок. Давомнокї 1 моњ. Шакли барориш: №60 њаб. Нарх: 40 с. Тел.: Душанбе 95-178-85-08, в. Суѓд ва ноњияњои он 927-49-33-47 Аз дорухонањои шањр пурсон шавед!

ПЛОСКИЙ ЖИВОТ (ШИКАМИ ЊАМВОР) Барои онњое, ки вазни худро нигоњ доштан мехоњанд -Мутаносибан барои ислоњи ќаду ќомат мусоидат намуда, мубодилаи равѓан ва карбогидратњоро ба танзим медарорад; -Ба коњиш додани љабидашавии равѓан дар меъда таъсир намуда, бар зидди фарбењшавї ва вазни зиёдатї истифода мешавад; -Кори узвњои њозимаро бењ гардонда, таъсири зидди шамолхўрї дошта, бо таъсири антитоксикї мубодилаи модањоро дар меъда ба танзим медарорад. ИСТИФОДА: ба калонсолон 1 њаб рўзе 1-2 бор њангоми хўрок. Давомнокї 30-60 рўз. Таъсироти манфї: ба њомиладорон ва занњои ширмак. Шакли барориш: 50 њаб Тел: Душанбе 95-178-85-08, в. Суѓд ва ноњияњои он 927-49-33-47 Аз дорухонањои шањр пурсон шавед! Истењсолкунанда Индонезия-Русия

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи хатми синфи 9 тањти силсилаи А 232634, ки мактаби тањсилоти миёнаи умумии №39-и ноњияи Рўдакї соли 1994 ба Содиќова Моњира Абдулќодировна додааст, эътибор надорад. *** Шањодатномаи хатми синфи 9 тањти силсилаи А 286056, ки мактаби тањсилоти миёнаи умумии №39-и ноњияи Рўдакї соли 1995 ба Одинаева Раљабгул Музафаровна додааст, эътибор надорад. *** Дафтарчаи имтињонии силсилаи Д 2608, ки соли 2008 Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон ба донишљўи курси 4-и шўъбаи "Технология ва низоми иттилоотї дар иќтисодиёт" Шукуров Ёрмањмад Мањмадович додааст, эътибор надорад. *** Дафтарчаи имтињонии силсилаи Д 2509, ки соли 2009 Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон ба донишљўи курси 4-и шўъбаи "Иќтисодиёт ва ташкили иттилоот дар хизматрасонии иттилоотї " Рањимов Фарњод Расулович додааст, эътибор надорад.

ОРОМ БОШ! - (ВИТАМИНЊОИ ЗИНДАИ ТАБИАТ) Таъсир: Унсурњои растанигии "Ором бош!" таъсири нарми оромибахш дорад ва ба меъёршавии љињатњои муњимтарини хоб мусоидат намуда бо нармї ором мекунад. Ба бењшавии равандњои омўзиш, бахотиргирї, фикрронї мусоидат намуда, ба ин тариќ фаъолияти зењнї ва кори системаи марказии асабро баланд мебардорад ва ба инкишофи стресс монеа мешавад. Хоболудии рўзонаро ба вуљуд намеорад, фаъолнокї ва ќобилияти кориро зиёд мекунад. Дар бештар аз 40 муассисаи бонуфузи табобатї ва илмии Русия - марказњои илмии, гинекология, перинатология курортология ва ѓайрањо аз санљиш гузаштааст. Натиљањои тањќиќу омўзиш таъсирнокии баланди фитомаљмўъро исбот кардаанд. Мањсулоти "Ором бош!" одатнадињанда ва безарар зери санљиш бањо дода шуд. "Ором бош!" дар таркибаш спирт ва Ќанд надорад, бинобар ин барои гирифторони як ќатор беморињо аз ќабили диабет, атеросклероз, фарбењї ва ѓ., зарар надорад. Истеъмол: ба марду зан аз 10-12 сола боло 10-20 чакрагї се маротиба дар як рўз. Тел.: Душанбе 918 47 93 93, 95 178 85 08. вил. Суѓд ва ноњияњои он; 927 49 33 47. Аз дорухонањо дастрас намоед! нархаш 22 сомонї Истењсолкунанда Руссия, мањсулот бо фармоиши ширкати Фармасевтии љ.Тољикистон тайёр шудааст Рўзнома моњи декабри соли 1994 тањти раќами 309 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

*** Дафтарчаи донишљўїи № 682/12, ки соли 2012 Донишкадаи соњибкорї ва хизмат ба Азизов Файзалї Бобоевич додааст, эътибор надорад. *** Шањодатномаи баќайдгирии №16093 гумшуда, ки 4 апрели соли 1990 ба Шобеков Усмон бо суроѓаи кўчаи Назаршоев 335 дода шудааст, эътибор надорад. *** Паспорти № ОА311565 Рукниддин Соњибназар, шањрванди Љумњурии Исломии Афѓонистон бино ба сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шуъбаи нотариалии ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе парвандаи меросии Раљабов А.С.-ро, ки 11.01.2013 вафот кардааст, кушодааст. Аз њамаи меросхўрон хоњиш карда мешавад, ки ба шуъбаи нотариалии мазкур мурољиат намоянд. Муовини сармуњаррир оид ба тиљорат: Хусрав Дўстов

ЊАЙАТИ Ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома зимнан метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад. www.minbari.halk.tj E-mail: minbarihalk@hhdt.tj

Сармуњаррир Бахтиёр ЊАМДАМОВ

ÁÀÐÎÈ ÌÀÚËÓÌÎÒ: Дастгоњи КИМ ЊХДТ Идораи рўзнома тел: 224-23-90, 224-83-72, 224-49-29, 221-63-21. факс: 224-27-59

www.tribun.tj

тел. 238-72-10, 238-54-61, 238-79-07, факс: 227-44-94

E-mail: minbarihalk@bk.ru

ЭЉОДЇ:

Котиби масъул: Маъруфљон Мањмудов Муњаррири масъул: Шариф Њусейнов Хабарнигорон: Љумъа Ќуддус, Алиљон Љўраев, Толиби Луќмон, Аслия Саломатшоева, Моњрухсор Рањимова Масъули чоп: Мирзоалї Юнусов Њуруфчинон: Љамила Ањмадова, Гуландом Раљабова Мусањњењ: Сабоњат Худоёрбекова, Суратгир: Тўхтамурод Рўзиев Сањифабанд: Фирдавс Таушаров

НИШОНИИ МО: 734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозї, 16. Индекси обуна: 68910 Макони чоп: нашриёти «Шарќи озод». Теъдоди нашр: 49288 нусха Навбатдор: Т.Луќмон


"Минбари халқ" 15