Минбар 2014 (7)

Page 2

2

Минбари халќ 13 феврали соли 2014 №7 (934)

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

САФАРИ РОЊБАРИ ДАВЛАТ БА СОЧИ сањ. 1

Эмомалї Рањмон ба Владимир Путин аз даъвати ў барои иштирок дар ифтитоњи ин чорабинии љањонии варзишї изњори ќадрдонї намуд. Дар мулоќот, њамчунин њолати кунунї ва дурнамои муносиботи дўстї ва њамкории судбахши Тољикистону Русия баррасї шуд. Сарони ду давлат ба натиљањои љаласаи навбатии комиссияи байнињукуматии њамкории иќтисодию тиљоратї ва техникї, ки ба наздикї дар шањри Душанбе баргузор гардида буд, бањои баланд доданд. Аз тасвиби созишномањои муњими њамкорї дар соњањои њарбї ва њарбию техникї, содироти мањсулоти нафтии Русия ба Тољикистон бе си-

тонидани бољи гумрукї ва содда гардондани шароити будубош ва фаъолияти шањрвандони ду кишвар дар ќаламрави њамдигар изњори ќаноат карда шуд. Сарони ду давлат њавасмандии њарду љонибро ба густариши њамкории судбахш дар бахшњои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иќтисоду тиљорат, сармоягузорї, маориф, тандурустї, шуѓли ањолї, илму техника ва ѓайра таъкид доштанд. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба масоили мубрами минтаќавию љањонї сурат гирифт. Пас аз анљоми мулоќот дар њузури сарони давлатњои Тољикистону Русия - Эмомалї Рањмон ва Владимир Путин аз љониби вазирони корњои хориљии ду кишвар - Сирољиддин Ас-

лов ва Сергей Лавров протокол доир ба мубодилаи санадњои тасвибии созишномаи байнидавлатї дар бораи шароит ва муњлати будубоши пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон ба имзо расид. Тибќи ин созишнома муњлати будубоши пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон то соли 2042 дароз карда шуд. Тавре зикр гардид, кунун марњилаи сифатан нави њамкории Тољикистону Русия оѓоз ёфт. Владимир Путин, аз љумла изњор дошт: "Тољикистон, бешубња аз шарикони афзалиятноки стратегии мо аст ва шодам аз имкони мулоќот ва суњбати имрўза". Тавре ки дар боло ёдовар шуд, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маросими бошукўњи ифтитоњи бозињои 22-юми зи-

мистонаи олимпї дар шањри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ин маросим роњбарони давлатњо ва намояндагони воломаќоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонњои минтаќавию љањонї иштирок доштанд. Ин намоиши таассуротбахшро беш аз 40 њазор тамошобин аз варзишгоњ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд. Дар тањияи ин барнома 12 њазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 њазор варзишгар ва њамроњони онњо аз бештар аз 100 давлати љањон иштирок намуданд. Тољикистонро дар бозињои зимистонаи олимпии Сочи лижарони тољик Алишер Ќудратов намояндагї мекунад.

МУЛОЌОТИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БО МИЛОШ ЗЕМАН Таърихи 7 феврал Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар шањри Сочии Федератсияи Русия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоќот намуд. Дар мулоќот масоили њамкории дуљониба ва бисёрљонибаи ду кишвар баррасї шуд. Њарду љониб аз пайвастагї ва судбахшии робитањои сиёсї изњори хушї карда, њамзамон њавасмандии худро ба густариши њамкорї дар соњањои иќтисод, тиљорат, сармоягузорї, саноат, кишоварзї ва дигар бахшњо таъкид доштанд. Изњори боварї карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тољикистон, ки тирамоњи соли равон бояд љараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дўстї ва њам-

кории ду кишвар такони љиддї мебахшад. Милош Земан аз сафарњои пешини худ ба шањри Душанбе гарму самимї ёдовар шуда, изњор дошт, ки "бо майли том бори дигар аз ин шањри зебо дидан карда, ба густариши робитањои судбахш асос мегузорад". Тавре зикр гардид, дар доираи ин сафар тањкими заминаи ќарордодию њуќуќии њамкорї тавассути ба имзо расондани як зумра санадњои нав дар назар аст. Дар доираи омодагї ба ин сафар мулоќотњои сершумори дигар дар сатњи вазорату идорањо ва доирањои соњибкории ду кишвар њам ба наќша гирифта шудааст. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба рушди њамкорї дар чањорчўби Иттињоди Аврупо, Созмони Милали Муттањид, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо ва њамгироии минтаќавї дар Афѓонистон ва Осиёи Марказї сурат гирифт.

МАБЛАЃГУЗОРИИ ГРАНТИИ БОНКИ ЉАЊОНЇ БА 13 ЛОИЊА 10-уми феврал Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Ноиби президенти Бонки љањонї оид ба минтаќаи Аврупо ва Осиёи Марказї Лора Такро ба њузур пазируфт. Сарвари Давлат Эмомалї Рањмон ба роњбарияти Бонки љањонї барои дастгирии пайваста аз рушди иљтимоию иќтисодии Тољикистон арзи сипос кард. Аз љумла зикр гардид, ки тайи солњои шарикї аз љониби Бонки љањонї бо маблаѓи умумии беш аз 750 миллион доллари амрикої ќарзњои имтиёзнок, грантњо ва кўмаки техникї људо гардидааст. Њоло бо маблаѓи умумии 223 миллион доллари амрикої 13 лоиња бо маблаѓгузории грантии Бонки љањонї дар бахшњои энергетика, кишоварзї, маориф, тандурустї, обтаъминкунї, хољагии манзилї ва ислоњоти идораи давлатї амалї мегарданд. Зимни суњбат таваљљуњи бештар ба роњњои татбиќи босамари Стратегияи кишварии Бонки љањонї бо Тољикистон барои солњои 2015-2018 зоњир гардид. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба љараёни ташхиси иќтисодию техникї ва экологию иљтимоии лоињаи сохтмони нерўгоњи Роѓун, оѓози бунёди хатти барќии 500 киловолтаи минтаќавии CASA-1000, маблаѓгузории ќисмати тољикистонии роњи оњани Тољикистон-Афѓонистон-Туркманистон ва дигар масоили мавриди таваљљуњ сурат гирифт.

www.president.tj


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.