Issuu on Google+

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Барои созандагї ва рушди босуботи Тољикистон

16 январи соли 2014, панљшанбе, №3 (930)

www.minbari.halk.tj www.tribun.tj E-mail: E-mail: minbarihalk@hhdt.tj minbarihalk@bk.ru

НАШРИЯИ МАРКАЗИИ ЊИЗБИ ХАЛЌИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЉИКИСТОН

МАЉЛИСИ ВАСЕИ ЊУКУМАТИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

сањ. 2 Субњи 15 январи соли равон тањти раёсати Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њукумати кишвар Эмомалї Рањмон маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба кори худ оѓоз намуд, ки дар он натиљањои рушди иљтимоию иќтисодї дар соли 2013 мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифта, вазифањо барои соли 2014 мушаххас карда мешаванд. Барои иштирок дар маљлиси љамъбастии Њукумати Љумњурии Тољикистон раёсат ва аъзои Њукумат, роњбарони идорањои назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати кишвар, масъулони Дастгоњи иљроияи Президент, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо, роњбарони марказњои татбиќи лоињањои инвеститсионї, мактабњои олї, бонкњо, рўзномањои расмї ва дигар шахсони масъул ба њам омадаанд.


2

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

МАЉЛИСИ ВАСЕИ ЊУКУМАТИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

сањ. 1 Дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон нахуст њисоботи Сарвазири кишвар Ќоњир Расулзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, суръати афзоиши иќтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маљмўи мањсулоти дохилї ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонї расид. Сатњи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, њол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодњои рушд дар тамоми бахшњои иќтисоди миллї мусбї мебошанд. Аз њисоботи Вазири молия Абдусалом Ќурбонов маълум шуд, ки Буљети давлатї дар соли 2013 барзиёд иљро гардида, њаљми он ба 11,5 миллиард сомонї баробар шудааст, ки ин нисбат ба њамин нишондињандаи соли 2012 ќариб ду миллиард сомонї зиёд аст. Аз њисоботи Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов бармеояд, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани наќшаи андозсупорї аз љониби як ќатор корхонањои бузург ва ќисмате аз шањру ноњияњо дар маљмўъ, наќшаи љамъоварии андозњо дар љумњурї барзиёд иљро гардидааст. Зимни њисоботи Сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалї, аз љумла зикр гардид, ки наќшаи пардохтњои гумрукї дар њаљми 3 миллиарду 241 миллион сомонї

иљро гардидааст ва ин 496 миллион сомонї аз наќшаи солона зиёд аст. Тавре зикр гардид, њоло Тољикистон бо зиёда аз 100 кишвари љањон робитањои тиљоратї дорад ва њаљми савдои хориљї дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон зимни њисоботи Раиси Бонки миллии Тољикистон Абдуљаббор Ширинов, аз харољоти зиёд ва ѓайрињадафмандонаи дохилии ин бонк ва њамчунин нокифоя будани фаъолияти он барои љалби маблаѓњои инвеститсионї ва дастгирии соњибкории хусусї изњори нигаронї карда, барои ислоњи камбудињои љойдошта ба роњбарияти бонк супоришњои мушаххас дод. Аз камбудињои љиддї дар фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва бонкњои сањњомии љумњурї низ изњори нигаронї карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти хуб ва ба меъёрњои љањонї мутобиќи бонкњо аз љумлаи омилњои муњими рушди иќтисодиёт ба шумор меравад. Сипас, Вазири энергетика ва захирањои об Усмоналї Усмонов њисобот дода, иттилоъ расонд, ки ифтитоњи маркази барќу гармидињии раќами дуи шањри Душанбе ва ба кор даромадани маркази нави барќтаќсимкунандаи 220 киловолтаи Нерўгоњи барќи обии "Норак" аз љумлаи намоёнтарин натиљањои фаъолият дар соњаи энергетикаи кишвар дар соли 2013 мебо-

шад. Зикр гардид, ки њоло корњо барои сохтмон ва васли таљњизоти маркази нави барќтаќсимкунандаи 500 киловолтаи Нерўгоњи барќи обии "Норак", навсозии нерўгоњњои "Ќайроќќум", "Бойѓозї", "Сарбанд" ва кашидани хатњои нави интиќоли нерўи барќ бомаром идома доранд. Дар ин соња 7 лоињаи сармоягузории хориљї мавриди татбиќ ќарор дорад, ки маблаѓи умумии онњо баробар ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикої мебошад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон иттилоъ дод, ки "Тољикистон дар солњои истиќлоли давлатии худ барои истењсоли 1000 мегаватт/соат нерўи барќ иќтидорњои нав бунёд намуд. Бо вуљуди ин, - таъкид дошт Президенти кишвар,- мушкили норасоии нерўи барќ дар фасли зимистон бартараф нагардидааст". Аз ин хотир, ба роњбарияти Вазорати энергетика ва захирањои об ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки барои бартараф намудани ин њолат чорањои муассир андешида, онро амалї намоянд. Аз љумла таъкид гардид, ки барои то 400 мегаватт/соат афзун намудани иќтидори Маркази барќу гармидињии шањри Душанбе, бунёди дигар марказњои барќу гармидињии бо ангишт фаъолияткунанда, нерўгоњњои хурду миёнаиќтидори обї, аз љумла нерўгоњњои "Себзор"-у "Санобод" дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон тадбирњо амалї карда шаванд.

Вазири саноат ва технологияњои нав Шавкат Бобоев зимни њисобот, аз љумла иттилоъ дод, ки дар соли 2013 322 корхонаи нави саноатї бо 9632 љойи корї сохта ба кор дароварда шуд. Тибќи маълумоти ў истењсоли мањсулоти саноатї дар љумњурї ва содироти он ба хориљи кишвар сол ба сол афзоиш меёбад. Дар соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонї мањсулоти саноатї ба хориљи кишвар содир гардидааст. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба масъулини соња барои љалби њарчи бештари сармояи дохилию хориљї, бунёди корхонањои нави саноатї ва муњайёсозии њазорон љойњои корї супоришњои мушаххас дод. Вазири наќлиёт Хайрулло Асоев дар њисобот ба масоили расидан ба њадафи стратегии давлат оид ба рањоии Тољикистон аз бунбасти коммуникатсионї таваљљуњи асосї зоњир намуд. Тавре зикр гардид, корњо барои сохтмони роњњои мошингарди магистралї бо пулњои хурду бузург дар њамаи гўшаю канори љумњурї муташаккилона идома дорад. Дар ин соња бо харљи 1 миллираду 156 миллион доллари амрикої маблаѓњои дохилию хориљї лоињањои зиёд амалї мегарданд. Аз иштироки соњибкорони ватанї ва ањолии саховатпеша дар навсозии роњњои мањаллї низ изњори хушнудї карда шуд. Зимни њисоботи Вазири кишоварзї Ќосим Ќосимов, аз

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

љумла иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар љумњурї наздики 1 миллион тонна ѓалладона истењсол карда шуд. Бо хушнудї иттилоъ дода шуд, ки супориши Президенти кишвар Эмомалї Рањмон доир ба расондани истењсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иљро гардид. Дар соли 2013 1 миллиону 115 њазор тонна картошка истењсол шуд. Наќшаю барномањои бунёди боѓу токзори нав ва барќарорсозии боѓоти кўњна њам бонизом иљро мегарданд. Бахшњои чорводорї, паррандапарварї ва моњипарварї низ сол ба сол ба марњилаи рушди босубот ворид мешаванд. Дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон, њамчунин Вазири маориф Нуриддин Саидов, Президенти Академияи илмњои Тољикистон Фарњод Рањимов, Вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї Сумангул Таѓоева, Вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї Нусратулло Салимов, Прокурори генералї Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоњи Ѓоиб њисобот доданд. Дар њисоботи Прокурори генералї ва Директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, ба афзоиши нисбии љинояту љинояткорї, ки солњои охир ба назар мерасад, таваљљуњи хос зоњир гардид. Бахусус аз љиноятњои коррупсионї ва гароидани баъзе аз љавонону наврасони тољик ба њизбу њаракатњои мамнуъи ифротию террористї изњори нигаронї карда шуд. Сипас, њисоботи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирова, Раиси Кумитаи кор бо љавонон, варзиш ва сайёњї Маликшо Неъматов, Кумитаи оид бо корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими миллї Абдурањим Холиќов шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон зимни њисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Шодихон Љамшедов ба ободонии шањру ноњияњои вилоят, навсозии роњњои мањаллї ва шабакаи обу корези шањри Хоруѓ, бунёди биноњои нави бисёро шёна, ма њалњои нави ањолинишин ва дигар масоили мубрам таваљљуњи хос зоњир намуда, барои бартарафсозии камбудињои љойдошта ба роњбарияти вилоя т ва шањру ноњияњои он супоришњои мушаххас дод. Дастуру њидоятњои мушаххас доир ба ривољ додани корњои ободонию созандагї, бунёди корхонањои нави истењсолї, муњайсозии љойњои нави корї ва баланд бардоштани фарњанги шањрдорию ватандорї, њамчунин зимни њисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмањмадов, Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї ва Раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев дода шуд. Дар охири маљлис Сарвари давлат Эмомалї Рањмон суханронї намуда, нишондодњои рушди иљтимоию иќтисодии кишварро дар соли 2013 мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор дод ва вазифањои ояндаро мушаххас намуд.


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

МУЊТАРАМ АЪЗОИ ЊУКУМАТ! ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Соли 2013 дар њаёти сиёсї ва иќтисодиву иљтимоии Тољикистон њамчун соли вусъати амалњои созанда, сулњу суботи комил ва тањкими дастовардњои даврони соњибистиќлолии кишварамон, аз љумла вањдати миллї гардида, дар ин сол барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминањои устувор гузошта шуданд. Ба шарофати зањмати содиќонаву софдилонаи мардуми кишвар дар соли сипаришуда, бо вуљуди вазъи ногувори иќтисоди љањонї, пешрафти босуботи иќтисоди миллї, афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї, рушди соњибкориву сармоягузорї, бунёди иншооти хурду бузург таъмин гардид ва њамаи ин омилњо ба бењтар шудани сатњу сифати зиндагии ањолї мусоидат намуданд. Дар соли 2013 даромадњои пулии ањолї 18 фоиз ва музди моњонаи як корманд 21,5 фоиз афзуда, сатњи камбизоатї аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коњиш ёфт. Њамзамон бо ин, дар кишварамон воситаву имкониятњои дохилии боз њам суръат бахшидани рушди иќтисоди миллї ва дар ин замина тадриљан бењтар гардонидани шароити зиндагии ањолї хеле зиёданд. Бо ин маќсад танњо дар 10 соли охир дар мамлакат як ќатор стратегияву барномањои давлатї, аз љумла 163 барномаи тараќќиёти соњањои гуногуни иќтисоди миллї ќабул карда шуда, мавриди татбиќ ќарор доранд. Аммо вазъи кунунии рушд аз тамоми шохањои њокимияти давлатї њамоњангсозиву иљрои сариваќтї ва татбиќи сифатноки онњоро таќозо дорад. Аз ин лињоз, зарур аст, ки бо маќсади тањкими пешравињои то имрўз ноилгардидаамон ва таќвият бахшидан ба раванди тараќќиёти устувори иќтисодиёти кишвар, пеш аз њама, ба масъалаи иљрои барномањои ќабулшудаи рушди миллї ва њалли масъалањои дар онњо муќарраргардида таваљљуњи љиддї зоњир карда, татбиќи сариваќтї ва босифати санадњои барномавї тањти назорати доимї ќарор дода шавад. Инчунин Њукумати мамлакат вазифадор аст, ки якљо бо сохтору маќомоти дахлдор љињати татбиќи минбаъдаи њадафњои стратегии кишвар, такмили низоми идораи давлатї, пешрафти бахшњои воќеии иќтисодиёт, диверсификатсияи истењсолот ва тањкими имкониятњои содиротии мамлакат, бењтар намудани фазои сармоягузорї, дастгирии соњибкорї, њифзи иљтимоии ањолї, вусъати бозори мењнат ва таќвияти нерўи инсонї тадбирњои амалї андешад. Њамзамон бо ин, зарур аст, ки љињати таъмини рушди устувори иќтисоди миллї ва иљрои њадафњои Њукумати кишвар минбаъд тањияи барномањои давлатию соњавї ва консепсияву стратегияњо бо дарназардошти истифодаи васеи захираву имкониятњо ва иќтидорњои мављуда, бахусус имкониятњои молиявї ва љалби сармоя воќеъбинона ба роњ монда шавад. Илова бар ин, љињати бо барномањои рушди иљтимоиву иќтисодї фаро гирифтани вилоятњо ва шањру ноњияњои мамлакат тадбирњои иловагї андешида шаванд. Бояд гуфт, ки Њукумати мамлакат ба масъалаи фароњам овардани шароити муосир ва мусоиди кору зиндагї дар ноњияњо, яъне рушди дењот афзалияти аввалиндараља медињад. Татбиќи аксари лоињањои сармоягузории давлатї дар соњањои энергетика, наќлиёту роњсозї, кишоварзиву обтаъминкунї ва маорифу тандурустї ба дењоти мамлакат рост меояд. Бо ин маќсад то ба имрўз 47,8 миллиард сомонї ё ќариб 10 миллиард доллар равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблаѓњои буљети давлат мебошад. Њамзамон бо ин, барои рушди дењот, аз љумла бунёди роњу пулњо, обтаъминкуниву сохтмони муассисањои маорифу

3

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

СУХАНРОНИИ Эмомалї Рањмон дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифањо барои соли 2014 тандурустї ва дигар иншооти муњим дар 3 соли оянда људо кардани беш аз 18 миллиард сомонї пешбинї мегардад. Соли 2013 дар натиљаи амалисозии барномањои рушди иќтисодї ва чорабинињои пешбинишуда нишондињандањои макроиќтисодї тадриљан афзоиш ёфта, њаљми маљмўи мањсулоти дохилї беш аз 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондињанда нисбат ба соли 2012ум 7,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин муддат сатњи таваррум паст гардида, ба 3,7 фоиз баробар шуд, ки дар натиља устувории ќурби асъори миллї таъмин гардида, нархњо дар бозори истеъмолї дар њолати муътадил ќарор доштанд. Њамзамон бо ин, наќшаи пешбинишудаи буљети давлатї дар соли 2013 пурра таъмин шуда, ин омил ба пурраву сари ваќт маблаѓгузорї шудани бахши иљтимої, аз љумла пардохти сариваќтии маошу нафаќа мусоидат намуд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятњои истифоданашуда њанўз зиёд буда, тарњрезии маќсадноки барномањои давлатї ва дар муњлатњои муайяншуда амалї гардонидани онњо ба суръати рушди иќтисодиёти мамлакат такони љиддї мебахшад. Тањлилњо нишон медињанд, ки баъзе вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар самти татбиќи пурра ва сифатноки наќшаву вазифањои гузошташуда имкониятњои мављуда ва захирањои молиявиро сафарбар накардаанд, ки чунин њолат сабаби асосии дар сатњи зарурї иљро нашудани ќарори Њукумати мамлакат аз 19 январи соли 2013 гардид. Масалан, наќшаи пешбинигардидаи 4 намуди андоз иљро нашудааст, ки дар натиља ба буљети мамлакат ќариб 170 миллион сомонї ворид нашудааст ва на-

ќшаи буљети суѓуртаи иљтимої њамагї 92 фоиз иљро гардидааст. Њамзамон бо ин, њаљми баќияпулињои андоз 192 миллион сомонї зиёд гардида, ба 833 миллион сомонї баробар шудааст. Аз ин лињоз, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якљо бо Кумитаи андоз ва дигар сохтору маќомот љињати бартараф намудани камбудињои дар иљрои буљети соли 2013 љойдошта чораљўї карда, барои таъмини иљрои нишондињандањои буљети давлатї дар соли 2014, аз љумла иљрои наќшаи андоз ва дигар пардохтњо тадбирњои муассир андешанд. Тибќи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар соли 2013 дар вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, бонкњои давлатї, марказњои татбиќи лоињањои давлатии сармоягузорї ва корхонаву муассисањои давлатї ба маблаѓи беш аз 241 миллион сомонї зарари молиявї ошкор карда шудааст. Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Палатаи њисоб, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия вазифадоранд, ки якљо бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї љињати таъмини сифатноки иљрои буљет, пардохти пурраи баќияпулињои андоз ва роњ надодан ба ташаккули баќияпулињои нав, инчунин дар самти таъмини шаффофият ва самаранокии харољоти маблаѓњои буљет ва истифодаи маќсадноки маблаѓњои људошуда, дарёфти дигар сарчашмањои ѓанї гардонидани буљети давлатї ва пешгирї кардани кирдорњои коррупсионї чораљўї намоянд. Дар иртибот ба ин, Кумитаи андозро зарур аст, ки механизмњои муосири ба-

ќайдгирии манбаъњои андозбандиро љорї намуда, барои дарёфти сарчашмањои иловагии андоз тадбирњои зарурї андешад ва якљо бо сохтору маќомоти дахлдор самаранокии андози ягона ва масъалаи ба маќсад мувофиќ будани андозбандии хољагињои дењќониро њамаљониба омўхта, ба Њукумати мамлакат хулосаи мувофиќашудаи худро манзур созад. Илова бар ин, бо маќсади пурра ба њисоб гирифтани амалиёти молиявї ва фаъолияти иќтисодї ва дар ин замина зиёд намудани даромадњои андоз ба буљет ба Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки механизми мукаммали њисобдории субъектњои хољагидориро тањия карда, љињати дар амал татбиќ намудани он чорањои таъхирнопазир андешанд. Дар ин раванд ба Агентии омор супориш дода мешавад, ки дар њамкорї бо вазорату идорањои дахлдор ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї фаъолияти худро дар самти ба роњ мондани коркарди электронии иттилооти оморї ва стандартњои махсуси пањнкунии маълумоти оморї вусъат бахшида, барои ба роњ мондани бањисобгирии даќиќи оморї чорањои мушаххас андешад. Ба Хадамоти гумрук зарур аст, ки дар њамкорї бо сохтору маќомоти дахлдор љињати дар амал татбиќ намудани низоми "Равзанаи ягона" ва ба роњ мондани назорати муштарак дар гузаргоњњои сарњадии мошингузар аз рўи низоми "Истгоњи ягона" чорањои зарурї андешад ва якљо бо вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, наќлиёт ва корњои хориљї масъалањои вобаста ба содда гардонидани тартиби транзити минтаќавии молу мањсулот, воситањои наќлиёти ба мамлакат воридшаванда ва бартараф намудани мушкилоти дар ин самт љойдоштаро њаллу фасл намояд. Њамзамон бо ин, зарур аст, ки бо маќсади дастгирии соњибкорон ва мусоидат ба рушди истењсолот андешидани тадбирњо љињати такмили механизми муайян намудани арзиши гумрукии молњои воридотї идома дода шавад. Соли 2014 афзоиши воќеии маљмўи мањсулоти дохилї 7,5 фоиз ва сатњи таваррум 7,1 фоиз пешбинї шудааст. Њаљми даромади буљети давлатї дар соли 2014 ба маблаѓи 13,9 миллиард сомонї ва дар солњои 2015-2016 мутаносибан 15,3 ва 16,4 миллиард сомонї пешбинї шудааст.

сањ. 4


4

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ сањ. 3

Дар буљети соли 2014 низ ба соњањои иљтимої афзалият дода шуда, маблаѓњои људогардида асосан барои баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум, њифзи иљтимої, бењдошти тандурустии ањолї, рушди илму маориф ва таъмини амнияти энергетикиву озуќаворї равона карда мешаванд. Аз ин лињоз, Вазорати молияро зарур аст, ки маблаѓгузории сариваќтии соњањои маориф, тандурустї ва њифзи иљтимої, дар навбати аввал, пардохти музди мењнат, нафаќа, стипендия ва дигар уњдадорињои иљтимоии давлатиро таъмин намуда, барои амалї гардидани барномањои давлатии соњањои зикршуда маблаѓњои заруриро сафарбар намояд. Њамзамон бо ин, вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Палатаи њисоб, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки љалби ќарзњои берунаро барои афзалиятњои аввалиндараља зери назорати ќатъї ќарор дода, якљо бо вазорату идорањои дахлдор доир ба харољоти маќсадноки маблаѓњои барои татбиќи лоињањои давлатии сармоягузорї пешбинишуда тадбирњои зарурї андешанд. Илова бар ин, Бонки миллї якљо бо Вазорати молия љињати рушди фаъолияти бозори коѓазњои ќиматнок ва ташкили бозори фурўши такрории онњо, инчунин таъмини бехатарии низоми пардохтњо ва бењтар намудани сифати хизматрасонии бонкї чораљўї намояд. Дар баробари ин, зарур аст, ки љињати мусоидат ба рушди устувори иќтисодиёти миллї паст кардани фоизи ќарзњои пешнињодшаванда, таъмини иќтисодиёт бо пул, дастрасии муштариён ба ќарзњои хурд ва такмил додани фаъолияти бозори байнибонкии ќарзї чораљўї карда шавад. Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки фаъолияти худро љињати такмили ќонунгузории мамлакат дар самти бењтар кардани фазои сармоягузорї ва рушди соњибкорї вусъат бахшида, барои таъмини истифодаи маќсадноки маблаѓњо ва татбиќи сариваќтии лоињањои давлатии сармоягузорї мунтазам чораљўї намояд. Инчунин якљо бо вазорату идорањо љињати дарёфт ва љалби сармояи хориљї ба иќтисоди миллї, бахусус барои татбиќи лоињањои афзалиятноки давлатї, аз љумла дар соњањои энергетика ва инфрасохтори минтаќавї чорањои таъхирнопазир андешад. Зеро соли 2013 аз љониби Њукумати мамлакат бо маќсади љалби сармояи хориљї барои татбиќи лоињањои афзалиятнок Барномаи давлатии сармоягузорињо, грантњо ва сохтмони асосї барои се соли навбатї тасдиќ гардид, ки дар доираи он сармоягузории 120 лоиња ба маблаѓи беш аз 75 миллиард сомонї пешбинї шудааст. Ќисми зиёди он ба рушди бахши воќеї нигаронида шуда, сарчашмаи маблаѓгузории ќариб 8,6 миллиард сомонии он муайян шудааст, ки асосан дар доираи лоињањои афзалиятноки бахши энергетика ва наќлиёт, кишоварзию обтаъминкунї ва соњањои иљтимої амалї мегарданд. Њамзамон бо ин, вазорату идорањои дахлдорро зарур аст, ки бо маќсади баланд бардоштани сатњи фаъолияти инноватсионии сохторњои худ, ташкилоту муассисањои таълимиву илмї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї лоињаи "Стратегияи рушди инноватсионии Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2020"-ро тањия карда, ба баррасии Њукумат пешнињод созанд. МУЊТАРАМ АЪЗОИ ЊУКУМАТ! ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Соли 2013 дар корхонањои саноатии кишвар ба маблаѓи умумии 9,9 миллиард сомонї молу мањсулот истењсол карда

СУХАНРОНИИ Эмомалї Рањмон дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифањо барои соли 2014 шудааст, ки нисбат ба соли 2012-ум 3,9 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, њаљми истењсоли баъзе намудњои мањсулоти саноатї, аз љумла дар 6 соњаи саноати коркард њаљми истењсолот коњиш ёфта, нишондињандањои содироти молу мањсулот кам гардидаанд. Инчунин вазъи ноустувори иќтисодиёти љањонї, аз љумла болоравии нархи ашёи хом ва паст рафтани нархи алюминий ба рушди саноати кишварамон низ таъсир расонд. Масалан, соли 2013 нисбат ба соли 2012 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї дар "Ширкати алюминийи Тољик", "Тољиксемент" ва корхонањои пахтатозакунї ба маблаѓи умумии 315 миллион сомонї кам шудааст. Чунин њолат дар навбати худ барои татбиќи наќшаву барномањои соњавї таъсири манфї расонид. Бинобар ин, Вазорати навтаъсиси саноат ва технологияњои навро зарур аст, ки тавассути боз њам густариш додани њамкорї бо соњибкорон воридоти таљњизот ва технологияњои навтарин, ташкили корхонањои нави истењсолї, коркарди њарчи бештари ашёи хоми ватанї ва дар ин замина таъсис додани љойњои нави корию зиёд кардани њаљми содироти мањсулоти ватаниро њамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ ќарор дода, барои амалї намудани њадафњои зикршуда тадбирњои зарурї андешад. Њамчунин, вазорат вазифадор карда мешавад, ки якљо бо дигар вазорату идорањо бо маќсади талаф наёфтани мањсулоти кишоварзї ва бењтар ба роњ мондани фаъолияти корхонањои коркарди меваю сабзавот, хўрокворї, саноати сабук, махсусан рушди саноати истихрољи маъдан ва истењсоли молњои бачагона ва умуман иљрои барномањои ќабулшуда ва таъмини рушди соњаи саноат чорањои зарурї андешида, инчунин "Барномаи рушди ќолинбофї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014 - 2020"-ро тањия ва ба Њукумати Тољикистон пешнињод намояд. Њамзамон бо ин, зарур аст, ки љињати мутобиќсозии иќтисоди миллї ба стандартњои байналмилалї ва баланд бардоштани ќобилияти раќобати молњои истењсоли ватанї мунтазам чораљўї карда шавад. Бояд таъкид кард, ки иљрои нишондињандањои барномаи рушди содироти мамлакат, аз љумла алюминийи аввалия, мањсулоти коркардшудаи алюминий, сангњои ќиматбањову ороишї ва мањсулоти аз онњо истењсолшуда, саноати маъдан, инчунин истењсоли мањсулоти саноати сабук ва саноати хўрокворї моро ќонеъ карда наметавонад. Зеро соли 2013 њаљми истењсоли пахта ва истењсоли алюминийи аввалия нисбат ба соли 2012 мутаносибан 6,4 фоиз ва 20,6 фоиз кам гардид. Дар баробари ин, њаљми содироти нахи пахта ва алюминий 20,4 ва 24,6 фоизї коњиш ёфт. Аз ин рў, зарур аст, ки бо маќсади бењтар кардани тавозуни гардиши савдои хориљї, дастгирии њамаљонибаи истењсолкунандагони ватанї, таъмини рушди босуръати ташкилоту корхонањои содиркунандаи молу мањсулот ва диверсификатсияи содирот чорањои муассир андешида шаванд. Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї ва

табдил додани онњо ба нерўи пешбарандаи иќтисоди миллї аз љумлаи вазифањои муњими сохтору маќомоти давлатї мебошад. Бинобар ин, ба Вазорати рушди иќтисод ва савдо зарур аст, ки якљо бо сохтору маќомоти дахлдор доир ба њалли масъалањои рушди минтаќањои озоди иќтисодї, дар навбати аввал љалби сармояву дастгирии соњибкорї чорањои иловагиро амалї намояд. Љињати њарчи бењтар таъмин намудани эњтиёљоти ањолї ба нерўи барќ дар соли 2013 тибќи наќша 8 нерўгоњи хурди барќи обї бунёд карда шуд ва имрўз дар маљмўъ, шумораи онњо ба 310 расидааст. Вале бояд гуфт, ки тибќи маълумот 108 нерўгоњи зикршуда мавсимї мебошад ё умуман фаъолият намекунад. Дар баробари ин, соли гузашта талафоти нерўи барќ 2,5 миллиард киловатт - соатро ташкил додааст, ки дар муќоиса бо соли 2012-ум 92 миллион киловатт соат зиёд мебошад. Аз ин лињоз, Вазорати энергетика ва захирањои об ва Ширкати "Барќи Тољик" ро зарур аст, ки камбудиву норасоињои љойдоштаро њарчи зудтар бартараф намуда, љињати таъмини талаботи иќтисоди миллї ва сокинони кишвар бо нерўи барќ тадбирњои иловагиро амалї намоянд. Инчунин, Наќшаи инфиродии таљдиди сохтори Ширкати "Барќи Тољик" барои солњои 2011-2018 њарчи зудтар амалї карда шавад. Ба Вазорати саноат ва технологияњои нав ва Саридораи геология зарур аст, ки дар њамкорї бо дигар вазорату идорањо мониторинги доимии вазъи бозорњои љањонї ва минтаќавии канданињои фоиданокро васеъ ба роњ монда, љињати иктишофу истихрољ ва коркарди нињоии онњо ба Њукумати Тољикистон хулосањои мувофиќашударо пешнињод созанд. Дар самти рушди соњаи наќлиёти мамлакат ба Вазорати наќлиёт зарур аст, ки барои бењтар ба роњ мондани њамлу наќли байналмилалї чорањои сариваќтї андешида, љињати суръат бахшидани бунёди терминалњои наздисарњадї ва дигар иншооти ёрирасони наќлиётї чораљўї намояд. Ба Кумитаи меъморї ва сохтмон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо зарур аст, ки дар мавриди тањияи лоињањои замонавии сохтмони иншоот ба истифодаи васеи санъати меъмории миллї, масолењи баландсифати сохтмон, технологияњои каммасрафи барќї ва энергияи офтобї диќќати махсус зоњир намуда, њангоми сохтмони иншооту биноњо ва шањракњо дар баробари таъминоти барќу об ва дигар талаботи муњандисиву иљтимої ба масъалањои сохтмони муассисањои томактабиву мактабњо, муассисањои тиббї ва монанди инњо ањамияти љиддї дињанд. Њамчунин, доир ба пешгирї кардани сохтмони иншоот бидуни ташхис, ќонунвайронкуниву изофанависї ва бо сифати баланд анљом додани сохтмони иншооту биноњо чорањои иловагї андешад. Ба Њукумат ва сохтору маќомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки тибќи муќаррароти ќонунгузории зиддиинњисорї масъалањои фаъолияти самараноки монополияњои табиї, пешгириву мањдудкунии фаъолияти инњисорї, инчунин

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

раќобати ѓайрисолими субъектњои хољагидор, аз љумла соњибкорони инфиродиро дар бобати риояи тартиби муќарраргардидаи нархгузорї тањти назорати доимї ќарор дињад. ЊОЗИРИНИ МУЊТАРАМ! Њарчанд ки дар соли 2013 истењсоли мањсулоти кишоварзї нисбат ба соли 2012-ум 7,6 фоиз афзоиш ёфта, њаљми он ба 16,7 миллиард сомонї расонида шудааст, вале имкониятњои воќеии соња љињати боз њам афзун гардонидани истењсоли мањсулоти кишоварзї, коркарди нињоии мањсулот, таъсиси љойњои нави корї ва дар ин замина таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолї ва рушди иќтидори содиротии мамлакат њанўз њам пурра истифода нашудаанд. Дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 ба мамлакат воридоти тухм 1,3 миллион дона, гўшт 1,6 њазор тонна, равѓани растанї 3,9 њазор тонна, шир 237 тонна ва картошка 9,5 њазор тонна зиёд гардидааст. Тибќи маълумот 60 фоизи заминњои корами мамлакат ба хољагињои дењќонї, 17 фоиз ба хољагињои љамъиятї ва 23 фоиз ба хољагињои ањолї тааллуќ доранд. Вале аз њаљми умумии мањсулоти кишоварзии истењсолшуда 32 фоиз ба хољагињои дењќонї, 7 фоиз ба хољагињои љамъиятї ва 61 фоиз ба хољагињои ањолї рост омада, њосилнокии зироатњои кишоварзї ва мањсулнокии чорво дар хољагињои ањолї нисбат ба хољагињои дењќонї ва љамъиятї ба маротиб зиёд мебошад. Бо вуљуди он ки то имрўз љињати васеъ намудани майдони боѓу токзор, рушди тухмипарварї ва пахтакориву картошкапарварї корњои зиёде амалї шудаанд, вале масъалаи баланд бардоштани њосилнокии зироатњои кишоварзї ањамияти боз њам љиддї мехоњад. Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзї ва шуъбаи назорати Дастгоњи иљроияи Президент супориш дода мешавад, ки дар њамкорї бо вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо доир ба татбиќи пурраи барномањои ќабулгардида чораљўї намуда, љињати бартарафсозии камбудиву норасоињои дар бахшњои гуногуни соња љойдошта, тадбирњои зарурї андешанд. Њамчунин, ба Вазорати кишоварзї зарур аст, ки дар њамкорї бо Агентии захирањои моддии давлатї, Иттифоќи "Тољикматлубот" ва вазорату идорањои дахлдор бо роњи барќарор кардани фаъолияти яхдонњо ва сардхонањо дар бобати захираву нигоњдории меваю сабзавот ва дар фасли зимистон њарчи бењтар таъмин кардани ањолии мамлакат чораљўї намоянд. Тибќи маълумот аз соли 2008 то инљониб аз буљети давлатї љињати амалї намудани барномањои соњаи кишоварзї маблаѓњои кофї људо карда мешавад. Вале бо вуљуди ин, њоло њам таъминоти кишоварзон бо тухмии хушсифат, чорвои хушзот, техникаи кишоварзї ва нурињои минералї бењбудии љиддиро таќозо менамояд. Танњо дар давоми шаш соли охир љињати бењтар намудани сифати тухмии зироатњои кишоварзї ва тавассути хољагињои тухмипарварї ва институтњои тобеи Академияи илмњои кишоварзї зиёд намудани тухмињои воридгардида аз буљети мамлакат зиёда аз 31 миллион сомонї маблаѓ људо гардидааст. Аммо то њол талаботи кишоварзон бо тухмии хушсифати зироатњои кишоварзї ба таври кифоя таъмин карда намешавад. Дар иртибот ба ин, таъкид бояд кард, ки тибќи санљишњо дар Вазорати кишоварзї ва собиќ Вазорати мелиоратсия ва захирањои об (њоло Агентии бењдошти замин ва обёрї) камбудињои љиддии молиявї, аз љумла ѓайримаќсаднок истифода гардидани маблаѓњои буљетї ва тасарруфи онњо ошкор карда шудаанд.


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Дар натиљаи санљиши фаъолияти молиявию хољагии сохторњои зертобеи Вазорати кишоварзї ба маблаѓи ду миллион сомонї, аз љумла дар Корхонаи "Навъњои тухмии сабзавоти Тољикистон" ба маблаѓи 208 њазор сомонї, хољагии зотпарварии "Панљ"-и ноњияи Панљ 129 њазор сомонї, хољагии зотпарварии ба номи Шерназарови ноњияи Хуросон беш аз 80 њазор сомонї ва хољагии зотпарварии "Оличабулоќ"-и ноњияи Темурмалик ба маблаѓи 41 њазор сомонї зарари молиявї ошкор карда шудааст. Дар фаъолияти собиќ Вазорати мелиоратсия ва захирањои об низ зарари молиявї ба маблаѓи ќариб 2 миллиону 700 њазор сомонї муайян карда шудааст. Њамзамон бо ин, муайян карда шуд, ки фонди бозгашти гандум ва картошкаи тухмї ба пуррагї таъмин нагардида, ќарзи хољагињо аз тухмии картошка дар давраи солњои 2007-2009 зиёда аз 3600 тонна ё ба маблаѓи 4 миллиону 335 њазор сомонї ва ќарзи фонди бозгашти гандуми тухмии солњои 2010 - 2011 як миллиону 200 њазор сомониро ташкил менамояд. Яке аз роњњои самарабахши зиёд намудани њаљми истењсоли мањсулот истифодаи самараноки заминњои корам мебошад. Дар мамлакат гарчанд ки солњои охир вазъи истифодабарии замин то андозае бењтар гардидааст, вале дар фаъолияти баъзе маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, бахусус дар бахши заминсозиву меъморї, љамоатњои шањраку дењот ва шахсони алоњида ќонунвайронкунињои вобаста ба замин љой доранд. Вобаста ба њолати мазкур соли 2013 ба 452 адад ќарори раисони шањру ноњияњои мамлакат бо далели нодуруст људо ва вобаста кардани замин эътирози прокурорї бароварда шудааст. Њамзамон бо ин, нисбат ба њолати мазкур 587 парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, 289 њазор сомонї зарари молиявї барќарор ва зиёда аз 400 гектар замин ба њолати аввала баргардонида шудааст. Дар маљмўъ, вобаста ба ќонунвайронкунии замин 1806 санадњои дахлдори прокурорї ќабул шуда, 2304 нафар ба љавобгарии интизомї, моддї ва маъмурї кашида шудааст, ки назар ба соли 2012-ум 80 нафар зиёд мебошад. Барои бењтар намудани њолати заминњои кишоварзї њамасола аз буљети давлат ва тавассути барномаву лоињањои давлатии сармоягузорї маблаѓњои зиёд људо карда мешаванд, аммо майдони заминњои аз гардиши кишоварзї берунмонда ва њолати мелиоративиашон ѓайриќаноатбахш сол ба сол зиёд шуда истодааст. Њол он ки то имрўз дар ин самт татбиќи 4 лоињаи давлатии сармоягузорї бо маблаѓи беш аз 550 миллион сомонї анљом ёфта, њоло се лоињаи дигари сармоягузорї бо маблаѓи ќариб 510 миллион сомонї амалї шуда истодааст. Њамзамон бо ин, аз љониби Њукумати мамлакат љињати рушди соња се барномаи давлатї ба маблаѓи зиёда аз як миллиард сомонї ќабул гардида, мавриди амал ќарор дорад. Дар давоми 10 соли охир барои корњои соњилмустањкамкунї ва сохтмони иншооти муњофизатии зидди обхезї дар ноњияњои Восеъ ва Њамадонї аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї ќариб 140 миллион сомонї људо гардида, айни њол "Барномаи давлатии корњои соњилмустањкамкунї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015" бо маблаѓи 276 миллион сомонї татбиќ шуда истодааст. Соли 2013 майдони ќариб 16 њазор заминњои корам, аз љумла 12 њазору 700 гектар заминњои обї аз гардиши кишоварзї берун монда, њолати мелиоративии зиёда аз 56 њазор гектар заминњои обї ѓайриќаноатбахш арзёбї гаштааст. Дар њолати ба гардиши кишоварзї ворид намудани ин миќдор замин соњаи

5

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ кишоварзии мамлакат боз зиёда аз 700 миллион сомонї маблаѓи иловагї даромад мегирад. Аз ин лињоз, Вазорати кишоварзї, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезї ва Агентии бењдошти замин ва обёриро зарур аст, ки якљо бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо риояи ќатъии муќаррароти Фармони Президенти Љумњурии Тољикистонро "Дар бораи њифз ва самараноку оќилона истифода намудани заминњои корами обї" таъмин намуда, бо истифода аз имкониятњои мављуда, љалби сармояи хориљї ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусї барои ислоњи вазъи зикршуда чораљўї намоянд. Омили дигари пешрафти соњаи кишоварзї таъминот бо техника мебошад. Ба ин маќсад аз соли 2008 то инљониб барои харидории техника ва таљњизоти кишоварзї аз буљети давлат ба Корхонаи "Тољикагролизинг" 27,5 миллион сомонї, инчунин аз њисоби кўмакњои башардўстона ба маблаѓи ќариб 11 миллион сомонї дар маљмўъ, беш аз 800 адад техникаву таљњизоти зарурї харида шудааст. Илова бар ин, бо сарфи маблаѓњои Корхонаи "Тољикагролизинг" ба маблаѓи 45 миллион сомонї 1100 адад техника ва таљњизоти кишоварзї ворид карда шудааст. Вале сарфи назар аз ин, сатњи таъминоти кишоварзон бо техника ва таљњизоти кишоварзї нокифоя мебошад ва бењбудии љиддиро талаб менамояд. Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзї ва Корхонаи "Тољикагролизинг" супориш дода мешавад, ки љињати харидории техникаву мошинолоти кишоварзї чораљуї карда, бо маќсади осон гардонидани дастрасии кишоварзон ба техникаву таљњизоти кишоварзї шарту низоми лизингро таљдиди назар намояд. МУЊТАРАМ АЪЗОИ ЊУКУМАТ! ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ! Тавре ки таъкид намудам, хусусияти иљтимоии буљети давлатї дар соли равон боз њам таќвият пайдо мекунад, яъне рушди иљтимоиёти кишвар дар сиёсати давлатї њамчун самти асосиву афзалиятнок боќї мемонад. Дар ин замина, масъалањои зина ба зина бењтар намудани вазъи соњањои илму маориф, тандурустї, њифзи иљтимоии ањолї ва фарњанг тањти ѓамхории доимии Њукумати мамлакат ќарор гирифта, барои пешрафти онњо тадбирњои мушаххас андешида мешаванд.

Давлат ва Њукумати мамлакат то имрўз доир ба њалли масоили соњаи маориф њамчун бахши муњимтарини иљтимої њамаи имкониятњоро сафарбар намудааст. Дар ин раванд танњо дар соли 2013 аз њисоби буљети давлатї барои соњаи маориф ду миллиарду 131 миллион сомонї масраф шуда, аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї 251 муассисаи нави таълимї ба маблаѓи умумии 335 миллион сомонї сохта, ба истифода дода шудааст. Имсол барои бењдошти соњаи маориф ва амалисозии њадафњои дар ин самт пешбинишуда наздики ду миллиарду 517 миллион сомонї ба наќша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 386 миллион сомонї зиёд мебошад. Вале бояд гуфт, ки корњои то имрўз анљомдодашуда дар соњаи маорифи кишвар њанўз ќонеъкунанда нестанд ва баланд бардоштани сатњу сифати таълиму тарбия, дараљаи донишомўзиву маърифатнокї, малакаву мањорати омўзгорон ва хонандагону донишљўён ба талаботу меъёрњои муосир љавобгў набуда, ба андешидани тадбирњои доимї ниёз доранд. Хусусан њолатњои содиршавии љиноят аз тарафи ноболиѓон ва љавонон дар соли сипаришуда тамоюли афзоиш дошта, сатњи љинояткорї нисбат ба соли 2012 мутаносибан 13 ва 4 фоиз боло рафтааст. Инчунин содиршавии љиноятњои гурўњї аз љониби мактаббачагону донишљўён, ки баъзан боиси марги одамон мегардад, ташвишовар боќї мемонад. Дар ин самт њамкории маќомоти соњаи маориф бо маќомоти њифзи њуќуќ доир ба пешгирии чунин њуќуќвайронкунињо бењбудиро таќозо дорад. Њамчунин, теъдоди вайронкунандагони муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" низ афзоиш ёфта, соли гузашта нисбат ба 5432 нафар шањрвандон парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї баррасї гардидааст. Аз ин лињоз, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмњои педагогии кишвар, роњбарони муассисањои тањсилоти миёнаву умумї, олї ва коллељњои омўзгории кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар робитаи наздик бо падару модарон барои бартараф намудани к��мбудињои дар ин самт љойдошта, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисон тибќи меъё-

рњои љањонї тадбирњои доимиро амалї намоянд. Њамчунин, бо дарназардошти љорї намудани низоми нави ќабули довталабон ба мактабњои олї ба омўзиши асосњои назариявии ихтисоси омўзгорї таваљљуњи махсус зоњир намуда, бо истифода аз таљрибаи пешќадами кишварњои дунё барои гузаштани пурра ба низоми нави таълимї тадбирњои сариваќтї андешанд. Зеро таљрибаи кишварњои пешрафтаи олам нишон медињад, ки гузариш ба низоми љањонии тањсилот барои баланд шудани сифати тањсилот, сатњи азхудкунии илму дониш, аз байн бурдани амалњои номатлуб ва нињоят дар љодаи тарбияи кадрњои баландихтисоси миллї наќши муассир мебозад. Вобаста ба љалби њарчи бештари кўдакон ба муассисањои томактабї ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идорањои дахлдор ва хусусан ба роњбарони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки љињати бунёд, таъмиру муљањњазгардонї, таъминот бо мутахассисон ва тањкими заминањои моддиву техникии муассисањои томактабї, васеъ ба роњ мондани шаклњои алтернативии хизматрасонии тањсилоти томактабї, аз љумла рушди минбаъдаи кўдакистонњо, марказњои хусусии инкишофи кўдакон ва љорї намудани шаклњои нави боѓчањои бачагонаи оилавї чорањои мушаххас андешанд. Илова бар ин, вазоратњои маориф ва илм, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї вазифадор карда мешаванд, ки доир ба мутобиќ сохтани тарзу усули кори муассисањои ибтидоии касбї ба талаботи бозори мењнат асноди меъёрии њуќуќи дахлдорро тањия карда, ба Њукумати мамлакат пешнињод намоянд. Сарфи назар аз дастгирии њамаљонибаи соњаи тандурустї аз тарафи давлат ва бахши хусусї то њанўз масоили марбут ба васеъ ба роњ мондани усулњои муосири тањлилу ташхиси беморињо, хусусан дар ноњияву љамоатњо ва норасоии мутахассисон дар ин самт, таъминот бо оби нўшокии тоза ва љалби сармояи дохиливу хориљї барои афзоиш додани истењсоли дорувории ватанї таваљљуњи амиќи масъулони соњаро таќозо дорад. Айни замон барои бењтар намудани сатњи хизматрасонии тиббиву санитарї ба ањолї як ќатор барномањои миллии пешгириву ташхис ва муолиљаи беморињо амалї шуда истодаанд.

сањ. 6


6

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ сањ. 5

Вале татбиќи барномањои давлатии соња дар сатњи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ба таври зарурї ба роњ монда нашудааст, ки бояд дар ин самт тадбирњои иловагї андешида шаванд. Дар робита ба ќабул ва баррасии барномањои давлатї хотирнишон месозам, ки гарчанде солњои охир теъдоди барномањои ќабулшуда зиёд шудаанд, вале љараёни татбиќ ва мониторинги сариваќтии онњо аз љониби маќомоти дахлдор ќонеъкунанда нест. Вобаста ба ин, Дастгоњи иљроияи Президент вазифадор карда мешавад, ки љараёни иљрои барномањои аз љониби Њукумати мамлакат ќабулшударо доир ба рушди њамаи соњањо дар зарфи панљ соли охир тањлил намуда, аз натиљаи он ба Њукумати кишвар маълумоти муфассал пешнињод созад. Њамчунин ба вазорат зарур аст, ки љињати таќвият бахшидани низоми иттилоотии идоракунии соња, вусъати љараёни компютерикунонии муассисањои тандурустї тадбирњои амалї андешида, бо маќсади татбиќи низоми маблаѓгузории соња љињати васеъ ба роњ мондани маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббиву санитарї чорањои зарурї андешад. Њукумати кишвар "Стратегияи баланд бардоштани сатњи некўањволии мардуми Тољикистон барои солњои 2013-2015"-ро ба тасвиб расонидааст, ки дар доираи он барои фароњам овардани шароити мусоиди инкишофи шањру ноњияњои кишвар дар асоси дастгирї ва љалби бахши хусусї, рушди нерўи инсонї ва дар ин асос афзоиш додани табаќаи миёнаи ањолї тадбирњои мушаххас амалї карда мешаванд. Тибќи "Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон" дар давоми соли 2013 бояд дар кишвар 125 њазор љойи корї таъсис дода мешуд. Њарчанд ки тибќи њисоботи пешнињодшуда дар давоми сол 200 њазор љойи корї таъсис дода шудааст, вале аксари онњо мавсимї ва муваќќатї буда, баръакс баъди чанд муддат сафи бекорон афзуда истодааст. Яъне озмун ва ярмаркањои аз љониби маќомоти шуѓли ањолї баргузоргардида, инчунин пешбурди корњо доир ба касбомўзии калонсолон ба талаботи замона љавобгў нест. Вобаста ба ин, Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї якљо бо дигар вазорату идорањо, роњбарони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, инчунин бахши хусусї вазифадоранд, ки барои бо љойи кори доимї таъмин намудани корљўён тадбирњои иловагї андешанд. Њамчунин, вазоратњои мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, маориф ва илм ва дигар вазорату идорањо вазифадоранд, ки љињати бартараф намудани камбудињои зикршуда дар самти љалби њарчи бештари шањрвандони кишвар ба омўзиши касбњои коргарї ва такмил додани малакаи тахассусии онњо бо истифода аз имкониятњои моддиву техникии муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї, инчунин љалби захирањои дохилї ва дигар сарчашмањо тадбирњои зарурї андешанд. Мусаллам аст, ки дар шароити имрўза истифода аз технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї ва тавассути он баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатї ба шањрвандон яке аз вазифањои муњими давлатї ба њисоб меравад. Тибќи супориши Њукумати кишвар оид ба татбиќи "Консепсияи рушди њукумати электронї дар Тољикистон" вазорату идорањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї њар сол аз буљети давлатї барои харидорї ва ба роњ мондани технологияњои муосири коммуникатсионї маблаѓ људо мекунанд. Вале раванди ташаккулёбии чунин нињоди муосири идоракунї дар сатњи зарурї ба роњ монда нашудааст. Аз ин лињоз, зарур аст, ки барои амалї гардидани иќдоми мазкур таваљљуњи љиддї зоњир карда шавад.

СУХАНРОНИИ Эмомалї Рањмон дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифањо барои соли 2014 Бо истифода аз иштироки раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо як масъаларо таъкид месозам, ки имсол ва соли оянда дар кишвари мо гузаронидани якчанд чорабинињои муњим, аз љумла Форуми Созмони Њамкории Шанхай, 20 - солагии ќабули Конститутсияи Тољикистон, 700 - солагии Мир Сайид Алии Њамадонї, 3000 -солагии Њисор ба наќша гирифта шудааст. Вобаста ба ин, ба раисони вилояти Хатлон ва шањри Кўлоб супориш дода мешавад, ки якљо бо вазорату идорањои дахлдор барои дар сатњи баланди омодагиву ташкилї баргузор намудани љашни 700-солагии Мир Сайид Алии Њамадонї њамаи тадбирњои заруриро амалї намоянд. Дар иртибот ба 3000 - солагии Њисор Сарвазири Љумњурии Тољикистон Ќоњир Расулзода, Муовини Сарвазир - Муродалї Алимардон ва Раиси ноњияи Њисор бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки ба суръатбахшии сохтмони иншооти љашнї, ободу зебо ва тозаву озода намудани ноњия эътибори љиддї дињанд. Раисони шањри Душанбе ва ноњияњои он, инчунин ноњияи Варзобро зарур аст, ки дар хусуси тайёрии иншооти шањр ва ноњияњо барои баргузории Форуми Созмони Њамкории Шанхай чораљўї намоянд. Вобаста ба ин форум, раисони вилояти Суѓд ва шањрњои Хуљанду Ќайроќќум вазифадоранд, ки омодагиро ба љаласаи Шўрои Сарони Њукуматњои Созмони Њамкории Шанхай тезонанд. Раиси шањри Вањдат сохтмони хонањои истиќоматиро барои сокинони аз офати табиї зарардида њарчи зудтар ба анљом расонад. Раисони шањрњои Турсунзода, Вањдат ва ноњияњои Рўдакиву Шањринав низ ба масъалаи ободу зебо гардонидани ноњияњо, инчунин таъминоти бозорњои пойтахт бо мањсулоти тару тоза чорањои иловагї андешанд. Инчунин, ба роњбарони вазорату идо-

рањо, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, роњбарони корхонаву муассисањо ва фаъолону соњибкорон супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаи расонидани кўмаку дастгирии њамаљониба ба оилањои камбизоат, ятимону маъюбон ва бепарасторон, инчунин таъмиру тармими муассисањои иљтимої ва бо таљњизоти зарурї таъмин намудани онњо мунтазам чораљўї намоянд. Дар баробари ин, масъалаи бо барќ таъмин намудани ањолии мамлакат, истифодаи сарфакоронаи барќ ва љараёни зимистонгузаронї бояд тањти назорати љиддї ва доимии њар як роњбар ва шахси масъул ќарор дошта бошад. Њамчунин, таъкид месозам, ки омодагии њаматарафа ба кишту кори бањорї ва зиёд намудани њаљми истењсоли мањсулоти соњаи кишоварзї аз љумлаи корњои муњимтарине мебошад, ки барои иљрои онњо бояд аз њамин рўзњо тайёрї дида шавад. Вусъат бахшидан ба корњои ободониву созандагї, бунёду таъмири роњњо, бо оби тозаи ошомиданї таъмин намудани ањолии мамлакат ва маъракаи нињолшинонї низ аз љумлаи вазифањои муњими раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, дигар сохтору маќомоти давлатї, инчунин соњибкорону шахсони саховатпеша мебошад. Ба роњбарони вазорату идорањо, вилоятњо ва шањру ноњияњо, ањли зиё ва фаъолони љомеа бори дигар хотирнишон месозам, ки кори комиссияњои доимї доир ба назорати иљрои Ќонун дар бораи анъанањо ва расму оинњои миллиро фаъол гардонида, оид ба риояи њатмии муќаррароти Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар" мунтазам чораљўї намоянд. Такрор њам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки иљрои њатмї ва босифати тамоми барномањои соњавии ќабулкардаи Њукумати мамлакат дар муњлатњои муќарраршуда таъмин карда шавад.

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Роњбарони вилояти Хатлон, шањри Кўлоб ва Иттифоќи "Тољикматлубот" дар муњлатњои кўтоњтарин бозори шањри Кўлобро, ки дар натиљаи сўхтор зарари љиддї дидааст, барќарор намоянд. Вобаста ба ин, Вазорати корњои дохилї, роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми соли 2014 дар њамаи бозорњои калон шуъбањои алоњидаи сўхторхомўшкунї ташкил намоянд ва назорати риояи ќоидањои зидди сўхторро дар тамоми ќаламрави мамлакат пурзўр созанд. Илова бар ин, дар самти тањкими њисси худшиносиву ватандўстии наврасону љавонон ба вазоратњои маориф ва илм, фарњанг, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, кумитањои оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллї, кор бо занон ва оила, љавонон, варзиш ва сайёњї супориш дода мешавад, ки дар самти дастгирии љавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифату љањонбинї, боло рафтани эњсоси арљу эњтиром ба муќаддасот ва арзишњои волои фарњанги миллї, пешгирии гаравиши наврасону љавонон ба љараёну равияњои экстремистї ва тарѓиби тарзи њаёти солим чорањои иловагї андешанд. Њадафи асосии Њукумати мамлакат доир ба тањкими пояњои давлати соњибистиќлоламон, пеш аз њама ба хотири баланд бардоштани сатњи некўањволии мардум, њарчи бештар бо шуѓл фаро гирифтани ањолии ќобили мењнат ва дар маљмўъ, расидан ба сатњи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Мо дар ин роњ ќадамњои устувор гузошта истодаем ва дилпурона изњор медорам, ки вазифањои имрўз гузошташуда ва њадафњои дар барномањои давлатї пешбинигардида ба хотири баланд бардоштани дараљаи некўањволии мардуми кишварамон бо фаъолияти содиќонаи њар як роњбар ва хизматчии давлативу шахсони масъул, бо азму талош ва ѓайрату иќдоми ватандўстонаи њар як фарди бо нангу номуси љомеа амалї хоњанд шуд. Барои расидан ба ин њадафи нек њамаи заминањои мусоид мављуданд ва бори дигар таъкид месозам, ки танњо саъю кўшиш, ташаббускориву масъулиятшиносї, риояи ќатъии интизоми давлатї ва итминони самимонаи њар яки мо ба ояндаи нек зарур аст. Дар љодаи пурмасъулияти ободсозии Ватани азизамон ба њамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи кишварамон барори кор мехоњам! ЊАМЕША САЛОМАТУ САОДАТМАНД БОШЕД!


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

10 январ Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барќу гармидињии шањри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иќтидори 50 мегаватт/ соат нерўи барќ мавриди бањрабардорї ќарор дод. Сарвари давлат Эмомалї Рањмонро дар ин љо масъулину мутахассисони Тољикистону Чин, ки ба таври муштарак ба сохтмону таљњизи маркази нави барќу гармидињии шањри Душанбе машѓуланд, истиќбол гирифтанд. Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таљњизоти ин корхонаи азим кор ба таври шаборўзї ва бо сифати баланд ба роњ монда шудааст. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо буридани лентаи рамзї ва пахши тугма навбати якуми маркази нави барќу гармидињии шањри Душанберо мавриди истифода ќарор дод. Иќтидори истењсолии навбати аввали марказ баробар ба 1 миллиону 250 њазор киловатт-соат нерўи барќ аст. Ин иќтидор дар шароити камчинии нерўи барќ кўмаки хеле зиёд ба шабакањои барќии кишвар мебошад. Афзалияти аз њама муњим дар шароити имрўзаи Тољикистон, ки алњол гази табиии худї надорад ва имкони аз хориљи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки бо вуљуди бо ангишт кор кардани маркази нави барќу гармидињї зарари экологии он ба муњити зист дар њадди камтарин аст, зеро дар он таљњизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст. Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таљњизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиї, он метавонад ба истифодаи ин навъи сўзишворї гузаронда шавад. Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иќтидори марказ ба 100 мегаватт/соат нерўи барќ хоњад расид, бояд то моњи апрели соли 2014, яъне

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

7

ИФТИТОЊИ МАРКАЗИ БАРЌУ ГАРМИДИЊЇ

6 моњ пеш аз муњлати наќшавї, ба кор дароварда шавад. Аз зимистони соли оянда сар карда, маркази нави барќу гармидињї беш аз 40% биноњои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармї низ таъмин хоњад кард. Барои сохтмону таљњизи пурраи ин марказ харљи беш аз 178 миллион доллари амрикої маблаѓњои Тољикистону Чин дар назар аст. Тибќи наќшањои дурнамої, оянда иќтидори ин марказ шояд то 400 мегаватт/соат нерўи барќ афзун гардад. Тавре иттилоъ доданд, дар сохтмони ин марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онњо шањрвандони Тољикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани марказ дар он 300 нафар бо кори доимї таъмин хоњанд шуд. Дар

аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони чинї хоњанд буд, ки њамзамон ба омўзиши кадрњои мањаллї машѓул хоњанд шуд. То имрўз аллакай 60 нафар дар курсњои 75-рўзаи њунаромўзї ва такмили ихтисоси Љумњурии Мардумии Чин омўзонда шудаанд. Дигар кадрњои мањаллї дар худи Тољикистон бо љалби омўзгорону му-

тахассисони чинию мањаллї омўзонда хоњанд шуд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз оѓози кори навбати аввали маркази нави барќу гармидињии шањри Душанбе изњори хушњолї карда, таъкид дошт, ки ин корхона бояд дар таъмини пойтахт њам бо нерўи барќ ва њам бо гармию оби гарм сањми намоён дошта бошад.

МУЛОЌОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РАИСИ ШИРКАТИ ТВЕА-И ЉУМЊУРИИ МАРДУМИИ ЧИН 11 январ Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Раиси ширкати ТВЕА-и Љумњурии Мардумии Чин Чжан Синро ба њузур пазируфт. Дар мулоќот масоили њамкории Тољикистон бо ин ширкати бонуфузи чинї баррасї шуд. Њарду љониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барќу гармидињии дуюми шањри Душанбе, ки рўзи 10-уми январ дар фазои тантанавї сурат гирифт, изњори ќаноатмандї карданд. Њамчунин, изњори боварї карда шуд, ки то моњи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иќтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат нерўи барќ мерасад. Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иќтидори умумии ин

марказ гуфтугўй сурат гирифт. Тавре зикр гардид, аз љониби ширкати ТВЕА-и Љумњурии Мардумии Чин дар Тољикистон лоињањои зиёд, аз љумла доир ба сохтмони хатњои баландшиддати интиќоли нерўи барќ ва зеристгоњњо амалї шудаанд. Њар ду љониб ба густариши њамкории оянда дар бахшњои гуногуни соњаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии нерўи барќ дар Тољикистон дар фасли зимистон њавасмандии худро таъкид доштанд.

www.prezident.tj


8

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

ЊАЁТИ ЊИЗБ

ПЕШНИЊОДИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАЉЛИСИ МАЊАЛ

Конфронси њизбї

Санаи 13 январи соли равон Пленуми Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Вањдат баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Кумитаи Иљроия, Раёсат, раисони ташкилотњои ибтидоии њизбї ширкат варзиданд. руфта, хислатњои бунёдкорї, созандагї ва сиёсатмадории Р. Амировро баён намуданд. Дар охир аъзоёни Пленум якдилона ба тарафдории номзади пешнињодшуда овоз дода, ќарорњои дахлдор ќабул карданд. Р. Амиров - иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Вањдат ба ањли нишаст миннатдории самимии хешро изњор намуда, иброз намуданд, ки дар якљоягї бо та-

моми аъзоёни њизб, мо, метавонем, Вањдатро гулгулшукуфон намуда, ба як шањри замонавї табдил дињем. Дар љамъбаст Р.Љалиловраиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Вањдат вазифањои навбатии њизбиёнро дар ободкории шањр таъкид намуда, онњоро ба пешбурди муваффаќонаи фаъолияти њамарўза ва ташаббускорї њидоят намуд.

СОЛИ БОБАРОРИ МАРКАЗИ ТАВОНБАХШЇ

карда истодаем. То ин муддат зиёда аз 70 бех нињолњои сояафкан, 150 бех хурмо, 120 анор, 80 себ ва беш аз 400 нињоли ангур шинонида шуданд, -афзуд раиси ташкилот Љ. Пиров. Раиси КИ ЊХДТ дар ноњияи Варзоб М. Тавуров ва љонишини раиси ташкилоти ибтидоии "Чорбоѓ" Х. Шукуров зимни суханронї изњор доштанд, ки воќеан њам соли сипаришуда барои ЊХДТ пурмањсул буд. Дар интихоботи Президентї номзади њизби мо ба пирўзї расид. Мо бояд дар њамин рўњияи созанда љашни 20солагии њизбамонро низ бо комёбињои хотирмон љамъбаст намоем. Дар нињояти љаласа ба чанд нафар аъзои фаъоли њизб туњфањои хотиравї таќдим карда шуданд.

Дар Пленум масъалаи пешнињод намудани номзадии иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Вањдат Рањмоналї Амиров аз Њизби Халќии Демократии Тољи-

кистон ба вакилии Маљлиси вакилони халќии шањр дар њавзаи интихоботии Наврўз, раќами 10 мавриди баррасї ќарор дода шуд.

Пленумро раиси Кумитаи иљроияи шањрии њизб Раљабмурод Љалилов бо суханони муќаддимавї ифтитоњ намуда, фаъолияти кории Амиров Рањмоналиро ба ањли нишаст муаррифї намуд. Баъдан Ф. Табарова муовини раиси шањр, Ќ. Абдуллоев - муовини аввали раиси шањр ва И. Њалимов баромад намуда, пешнињоди Кумитаи иљроияи шањрии њизбро пази-

Дар ташкилотњои њизбии шањру навоњї маљлисњои љамъбастии соли 2013 идома доранд. Дар онњо аз кори яксола натиљагирї карда шуда, барои фаъолияти минбаъда наќшањо тањия мегарданд. Бояд гуфт, ки имсол барои Њизби Халќии Демократии Тољикистон соли махсус аст. Зеро ки аз таъсиси он 20 сол сипарї мегардад. Дар робита ба њамин санаи бузург, созмонњои ибтидої аз њама бештар сертараддуданд. Аз љумла, ташкилоти ибтидоии "Сарпараст"-и Маркази миллии тавонбахшї барои кўдакон ва наврасони дењаи Чорбоѓи ноњияи Варзоб дар љаласаи љамъбастии худ бурду бохти порсоларо баррасї намуда, аъзои њизб ва љонибдорони онро даъват кард, ки имсол бояд самараи корњоро афзуда, дастовард��ои њизбиро њарчи бештар намоянд. Раиси ташкилот Љунайдулло Пиров зимни њисоботи худ таъкид кард, ки ташкилоти ибтидоии "Сарпараст" барои иљрои дастуру супоришњои Президенти мамлакат, Раиси ЊХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон ва иљрои роњнамоињои Дастгоњи КИМ ЊХДТ њамеша љидду љањд менамояд. Дар натиља сафи аъзои њизб беш аз пеш меафзояд. Масалан, дар айни замон барои шомил шудан ба ЊХДТ љавонони зиёде мурољиат кардаанд, ки њоло 10 нафари онњо ба узвият пазируфта мешаванд. Њоло мо шахсиятњои

пешќадами љомеа Олга Андреева, Гулчењра Њалимова, Бибисайёра Шарипова, Шоира Тешаева, Марвориди Насим, Зебогул Назарова ва дигаронро дар вазъияти тантанавї ба сафи њизб ќабул намуда, ба њамаи онњо дар анљоми ин масъулияти пурифтихор барору комёбї мехоњем. Ташкилоти ибтидоии "Сарпараст" соли 2007 таъсис ёфта, дар ибтидо њамагї 10 аъзо дошт. Њоло бошад, шумораи умумии аъзои ташкилоти мазкур 157 нафарро ташкил медињад, ки аз ин 133 нафар занону бонувон мебошанд. Ташкилоти мазкур дар амалї намудани барномаю њадафњои њизб, сиёсати иљтимоии давлат, ки онро яке аз рукнњои асосии фаъолияти худ медонад, пайваста љањду талош менамояд. Маъмурият барои баланд бардоштани сатњи хизматрасонии иљтимоию тиббї, истифода аз усулњои нави муосир фаъолият намуда, 50 нафар кўдакони дар будубоши доимї ќарордоштаро ба тавонбахшї фаро гирифтаанд. Тавонбахшї натиљањои

мусбї дода, саломатии ќисми зиёди бошандагони доимї алъон бењтар гардидааст. Бояд гуфт, ки 8 нафар кўдаконе, ки њатто, рост намеистоданд ва бо ёрии парасторон њаракат мекарданд, њоло мустаќилона роњ рафта, њаракат карда метавонанд. Њаракати дасту пойњои 11 нафар кўдаки дигар баъди тавонбахшї хуб гардида, 6 нафар бошандагони доимї бо сабаби бењ шудани вазъи саломатї ба хона фиристода шуданд. Мо, њамчунин ният дорем, ки як синфхонаро бо мадади аъзои њизб пурра таъмир намоем. Аъзои ташкилоти ибтидоии "Сарпараст" дар маъракаи интихоботи Президенти ЉТ фаъолона иштирок намуда, ташвиќоту тарѓиботро дар байни ањолї њамаљониба вусъат бахшиданд. Њамзамон аъзои ЊХДТ дар маъракаи обуна фаъолона иштирок намуданд ва ба ёздањ нусха рўзномаи "Минбари халќ" обуна шуда, боз ният доранд, ки ба 4 нусхаи дигар обуна мешаванд. Чун њадафи њизб ва Сарвари он хизмати арзандаву созан-

да, бунёдкорию њимояи манфиатњои мардуми кишвар мебошад, кулли аъзоён имрўзњо дар ин рўњия кору фаъолият менамоянд. Воќеан, кору пайкори ањли кормандони ин муассиса ќобили тањсин аст, зеро хизмат ба кўдакони ниёзманду дардманд аз сифату фазилатњои неки инсонист. Хизмати содиќона ва самимонаи њар яки мо њамчун аъзои њизб барои халќу ватан ин ѓамхорию дилсўзї барои кўдакони дустрўяки ин даргоњ, ки ниёз ба мењру шафќат ва навозишу парвариши мо калонсолон доранд, мањсуб меёбад. -Мутобиќи наќшаи корї дар сањни муассиса "Чорбоѓ" бунёд

САФИ ЊИЗБ АЗ ЊИСОБИ ЉАВОНОН ЗИЁД МЕГАРДАД Намояндагии ТЉЉ "Созандагони Ватан" дар ноњияи Ашт мувофиќи дастуру нишондодњои оинномавию барномавии худ амал намуда, дар тарѓибу ташвиќи ѓояњои ЊХДТ, пурзўр намудани корњои њизбї, тарѓиби сиёсати кунунии њукумати мамлакат ва дастовардњои солњои соњибистиќлолї кўшишњои зиёд ба харљ дода истодааст. Чанде ќабл дар байни омўзгорони љавони љамоатњои дењоти Шайдон, Ошоба, Ашт ва ташкилотњои ибтидоии љамъияти мат-

лубот, хољагии љангал корњои фањмондадињї ва тарѓиботиву ташвиќотї бурда шуд. Дар натиља якчанд аризањои ќабул ба сафи њизб, ки ба Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия ворид гардида буданд, мавриди тањќиќу омўзиш ќарор дода шуданд. Ин аст, ки аксаран љавонони ќавиирода ва ташаббускор иќдом намудаанд, то сафи њизбро пурра карда, бањри корнамоињои бузурге дар оянда љањду талош намоянд.

«МХ»

«МХ»

ЉАВОНОНИ ЛАЁЌАТМАНД ИДРОРПУЛИИ ЊИЗБЇ МЕГИРАНД Бо ќарори Раёсати Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Љ.Румї бо маќсади дастгирї вањавасмандгардонии фаъолияти эљодї ва баланд бардоштани сатњи маънавиёти хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї стипендияи махсуси Кумитаи иљроияи ЊХДТ таъсис дода шудааст. Айни њол гирандагони стипендияи Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Љ.Румї 10 нафарро ташкил медињанд.


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Кумиљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Файзобод бо маќсади љамъбасти фаъолият дар соли сипаришуда ва пешбарии номзад ба Маљлиси мањаллии вакилони халќ конфронси ѓайринавбатии ташкилоти њизбиро доир намуд. Дар оѓоз вакилони конфронс ба њайати Раёсат ва Кумитаи иљроияи њизб таѓйироту иловањо ворид намуда, баъдан раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия Абдулло Азизов дар бораи фаъолияти кумиљроияи ноњиявї дар соли 2013 ва вазифањои навбатї дар соли 2014 гузориш дод. Мавсуф дар баромади худ таъкид намуд, ки соли сипаришуда, пеш аз њама бо баргузории воќеаи муњими сиёсї-интихоботи Президенти мамлакат ва ба пирўзї расидани номзади пешбарикардаи Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон хотирмон мебошад. Тамоми аъзои ЊХДТ

9

ЊАЁТИ ЊИЗБ

МИЌДОРУ ЊАМ СИФАТ БЕЊ ГАРДИД ва кулли љонибдоронамон дар ноњия ифтихор аз он доранд, ки дар интихоботи ба таври озоду демократї ва шаффоф доиргашта, аз миёни шаш номзад, мањз номзади њизби мо бо гирифтани 90 фоиз раъйи интихобкунандањо дастболо гардид. Албатта, њамаи ин пешравињо аз он далолат мекунанд, ки Љаноби Олї воќеан њам шахсияти арзанда буда, тавонистааст, ки бо талошу зањматњо ва фидокорињояш љињати ободониву осудагии кишвар наќши бориз гузорад ва мањбуби њамагон шавад. Дар њамин замина ташкилоти њизбї ва тарафдоронамон тавонистанд, ки хизматњои эшон ва дастовардњои солњои истиќлолиятро дар миёни мардум муаррифї ва таблиѓ намоянд. Дар љабњаи мазкур аъзои њизби мо чун њамеша пешсаф буданд ва онњо тавонистанд, ки боварї ва эътимоди мардумро соњиб шаванд. Дар ташкилоти њизбии мо дар айни замон 1325 нафар аъзо њаст, ки нисбати соли гузашта 65 нафар зиёд мебошад. Дар давоми сол ду ташкилоти нави њизбї,

яке бо номи "Хизматрасон" ва дигаре "Бахт" дар назди муассисаи коммуналї ва корхонаи фаръии баќайдгирии техникї таъсис дода шуд. Беш аз сеяки аъзои њизбро љавонони аз 18 то 30-сола ташкил медињанд,- тазаккур дод А. Азизов. Ба ќавли раиси кумиљроия, дар доираи татбиќи ќарорњои Анљумани ёздањуми њизб ва КИМ ЊХДТ гурўњњои таблиѓотї нуктањои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмонро дар миёни ањолї фањмониданд ва ташвиќ намуданд. Дар њамаи љамоату шањрак зиёда аз сад вохўрию мулоќотњо гузарониданд, ки дар онњо тамоми ќишрњои љомеа фаро гирифта шуд. Омили дигари муваффаќияти ташкилоти мазкур дар он аст, ки ба њамаи арзу шикояти шањрвандон сари ваќт расидагї мекунанд ва барои њаллу фасли онњо тадбирњои судбахш меандешанд. Ташкилоти њизбии ноњия, бахусус бахши љавонон ва ташкилоти љамъиятии "Созандагони Ватан" бо иќдомњои муассир

баромад карда, сиёсати созандаи ЊХДТ ва њукуматро тарѓиб мекунанд, ки дар натиља сафи хоњишмандони ба њизб дохилшаванда меафзояд. Барои татбиќи сариваќтии ќарорњои њизб ва љалби бештари сокинон ба аъзогии созмонњои ибтидоии "Вогиршинос" (раисаш С. Ќурбонов), "Фарњангиён" (Њ. Мирзошарипов), "Беморхона" (Ф. Зубайдов), "Хизмат" (М. Алиев), "Мураббї" (М. Табарова) ва дигарон сањми муносиби худро мегузоранд. Аз рўи масъалаи саввуми рўзнома оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маљлиси вакилони халќи ноњия дар њавзаи ин-

тихоботии Такназарї №9, бар ивази вакили хориљшуда, номзадии раиси ноњия Имомназар Мирзоев ба муњокимаи вакилон гузошта шуд. Номзади мазкурро иштирокчиёни љамъомад якдилона пазируфтанд. Баъдан наќшаи фаъолият барои соли 2014 баррасї гардида, тасдиќ карда шуд. Дар нињояти конфронс, дар вазъи тантанавї ба 5 нафар шањодатномаи аъзогї супурда, ба 7 нафар фаъолон барои кори пурмањсулашон ба нафъи љамъият Сипосномаи ташкилоти ноњиявии њизб таќдим гардид.

У. СОЛЕЊ, сухангўи ЊХДТ

ЊИЗБ - МАКТАБИ САДОЌАТУ ХЕШТАНШИНОСИСТ Дар ин асно, соли 1994 Њизби Халќии Демократии Тољикистон бо ќарори Анљумани муассисон аз фаъолият намудани худ ба њайси њизби сиёсии созандаву бунёдкор, дорои Барнома ва санадњои байналмилалии эътирофшудаи љониби Љумњурии Тољикистон, аз худ башорат дод. Мардум ба амалњои бунёдкоронаи њизб боварї доштанд ва аз пайаш , бањри амалисозии њадафу ниятњои нек њаракат намуданд. Ба сафњои он пайвастанд ва барои пирўзї ва муваффаќиятњояш якдилона камари њиммат бастанд,-мегўяд зимни суњбат раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Мўъминобод Гулсунбї Раљабова. Мавриди зикр аст, ки ќабл аз њама, ба номи пештарааш номгузорї шудани ноњияи Мўъминобод мардумро рўњбаланд намуд ва шумораи аъзои фаъоли њизб дар минтаќа ба 2781 нафар расида, боиси ба куллї бењтар гаштани њайати сифатии кадрњо, љобаљогузории маќсадноки онњо гардид.

Имрўз, дар њошияи њаводиси тирпарронии сарњадбонони тољику ќирѓиз дар марзи миёни кишварњои Тољикистону Ќирѓизистон дар Исфара вазъ, ки то љое нигаронкунанда шуда буд, рўй ба эътидол овард. Чанд лањза пештар дар маркази дењаи Чоркўњ, дар мавзеи Лаби дарё мулоќоти Љумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суѓд ва раиси шањри Исфара Давронљон Зоњидов баргузор гардид, ки дар он масъалаи вазъи имрўзаи минтаќа ва њаводиси марз баррасї шуд. Дар суњбат ду намояндаи баландпояи маќомоти вилоят�� шањр мардумро тавонистанд, ки ба оромї даъват намоянд ва њамин тавр вазъро ба эътидол биёваранд. Зимни мурољиат ба мардум, Љумъабой Сангинов, муовини ав-

-Пайдо кардани роњњо дар нињоди ањли љомеа аслан ба туфайли сиёсати бозсозї, њанўз дар нимаи дуюми солњои њаштодуми асри гузашта оѓоз гашта буд. Ин раванд гурўњњои нави сиёсиро ба маќсади амалисозии њадафњояшон ба майдони сиёсат овард. Њамзамон, ба таълим љалб намудани духтарони дењотї, тибќи квотаи президентї ба тањ с илоти касбї фаро гирифтани духтарон, аз њисоби онњо тайёр намудани мутахассисони сатњи баланди идоракунї аз масъалањои муњимтарини њаёти њизбї буданд ва онњо алъон зина ба зина амалї гашта истодаанд. Айни замон дар ноњия, муассисањои бахши маориф бо фарогирии 18886 нафар наврасон, ки ояндаи халќу миллатанд, дарси ватандорию садоќат, хештаншиносию мардонагї меомўзанд. Роњбарии 57 адад муассисањои таълимиро њизбиён ба уњда доранд, ки ин боварии пурраи мардум ба ин њизби пешоњангу созанда аст. Дар муассисањои фарњангию

тандурустии ноњияи Мўъминобод, ки шумораи њизбиёнаш аз 200 нафар беш аст, корњои њизбї ва хизматрасонї хеле хуб ривољу равнаќ дошта, дар самти бунёдкорию ободонї ќадамњои устувору умедбахш гузошта мешаванд. Мањз дар њамин давра, мардуми ноњия бемористони 4 ошёнадори замонавї бо њама таљњизоти зарурї, бо меъёрњ ои њ озира љавобгўи байналмилалиро соњиб гардид. Дар дењот то имрўз теъдоди бунгоњњои тиббї ва марказњои хизматрасонии он ба 38 адад расидааст. Соњибкории хурду миёна рў ба афзоиш дорад. Аз 6 адад хољагињои коллективї ва давлатии солњои 90ум, имрўз теъдодашон ба 300 адад хољагињои инфиродї расидааст, ки

љалби ањолии ќобили мењнат тавассути чунин хољагињо ба истењсоли меваю сабзавот торафт мусоидат мекунад. Ин аст, ки соле ба андозаи 10500 тонна мева, 13500 тонна сабзавоту полезињо, 24100 тонна картошка истењсол карда, мањсулоти истеъмолии на танњо худи мардуми ноњия, балки минтаќаро низ таъмин менамоянд. Танњо дар ду соли охир, раиси ноњия, узви Раёсати ЊХДТ дар Кумитаи иљроияи ноњия бо соњибкорони мањаллї чањор вохўрї созмон дода, онњоро ба корњои бунёдкорию созандагї ва истењсолї даъват намуд, ки имрўз дар ноњия бунёди беш аз 30 иншоотњои хурду миёна бо маблаѓгузорињои худї ва сармоягузорони хориљї, бо сифати хеле баланд идома дорад.

ВАЗЪ ДАР ИСФАРА РЎЙ БА ЭЪТИДОЛ ОВАРД вали раиси вилояти Суѓд ва раиси шањри Исфара Давронљон Зоњидов мавќеи роњбарияти кишварро дар робита ба бањсњои марзї фањмонида дода, аз онњо даъват намуданд, ки оромиву суботро дар минтаќа нигањ доранд, ба њар гуна дасиса дода нашаванд. Љумъабой Сангинов гуфт, ки Тољикистон намегузорад, њатто, як сантиметри марзи худро ба касе дињад ва ё аз чизе, ки ба манфиатњои миллату Ватан вобастагї дорад, гузашт на-

мояд. Ин суханони ўро мардум бо њисси ифтихору рўњбаландї ќабул намуданд. Дар мулоќот зикр гардид, ки ахиран дар гуфтугўйи телефонии раиси шањри Исфара Давронљон Зоњидов бо Президенти кишвар, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, вазъи минтаќа баррасї шудааст ва дар асоси дастури Роњбари давлат њамаи сохторњои марбутта ба њалли ин ќазия сафарбар шудаанд. "Давлат ва њукумат кафолати пурраи амнияту бехатарии

мардуми худро дар мавзеъоти наздисарњадї пурра таъмин мекунад. Мардуми сарбаланди Чоркўњ бояд тамкин ва оромиро нигањ доранд", - гуфта шуд њангоми мулоќот. Дар бобати хабари баъзе расонањо, ки гўё тамоми мардуми Чоркўњ хонањои худро тарк намуда, бо зану фарзандонашон ба шањр омадаанд, њамин нуктаро гуфтаниям, ки ин асоси воќеї надорад. Зеро, ин корро танњо ба хотири таъмини амнияти оилавї

Иншооти обтаъ м инку нии ноњия бо маблаѓи зиёда аз 2 миллион сомонї таъмиру азнавсозї гардида, таъминоти ањолї бо оби ошомиданї бењтар карда шуд. Бо дастгирию кўмаки њаррўзаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Барномаи рушди минтаќа барои солњои 2013-2018 тањия гардидааст, ки метавонад ноњияи Мўъминободро дар ояндаи наздик барои рушди туризми байналмилалї муаррифї намояд. Бо боварї метавон гуфт, ки аъзои Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњия барои амалисозии њадафњои њизбию сиёсии Раиси ЊХДТ Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, ки муњтавои асосии он аз вањдат, рушди устувори иќтисодї, зиндагии шоистаи мардум ва ободию бунёдкорї иборат мебошад, саъю талош доранд, то ќадам ба ќадам ба њадафњои волои хеш муваффаќ гарданд.

Рустам САФАРОВ, ноњияи Мўъминобод чанд нафаре кардаанд, ки њавлињояшон сари марзи сарњадї ќарор дорад. Биноан, фаќат занњо ва кўдаконро дарунтари ќишлоќ фиристода, љавонону мардњо мондаанд. Баръакс, рўњияи ватанпарастонаи мардум боло рафта, онњо бо маќомоти давлатии минтаќа дар масъалаи таъмини амнияти ноњия, њимояи марзу буми кишвар ва нигањ доштани сулњу оромї дар мавзеъ њамаќида шудаанд. Раиси шањри Исфара Давронљон Зоњидов дар љавоб ба дархости мардум оид ба таъмини барќ дар ин вазъи баамаломада љавоби мусбї дод ва гуфт, ки ин масъалаи њалшаванда аст.

Муртазо ЭГАМОВ, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Исфара


10

Б

АРОИ пиёда сохтани њадафњои созандаи давлат ва њукумат дар мавриди коњиш додани сатњи коору псионї љомеаи мењнатии Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон кўшишњои зиёд ба харљ медињад. Роњ надодан ба амалњои коррупсионї дар Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї яке аз муњимтарин самтњои фаъолият мањсуб гашта, саъю кўшишњои роњбарияти донишкада ба решакан намудани он равона гаштааст. Маълум аст, ки паст намудани шиддати коррупсия аз иљрои чанд шартњои муњим вобаста мебошад. Шарти зарурии пешгирии амали мазкур, пеш аз њама, ба муносибати софдилона ва поквиљдононаи роњбарияти донишкада ва комиссияи ќабул вобастагї дорад. Таъмини шаффофият дар љараёни ќабули њуљљатњо, тарзи ташкил ва гузаронидани имтињонот ва инчунин, фароњам ов ардани имконоти фарох љињати ташкили аппелятсия барои пешгирии амалњои коррупсионї мусоидат мекунад. Таљрибањои чанд соли охир нишон медињанд, ки аксари довталабоне, ки нияти дар оянда соњибкасб шуданро доранду њастанду ба дониши андўхтаи худ боварии комил доранд, мањз ба хотири таъмини адолат ва шаффофият дар ваќти ќабул донишкадаи моро интихоб мекунанд. Зимни як назарсанљї аз љониби Маркази тадќиќотии "Афкори умум", аз 1000 нафари пурсидашудагон дар мавриди таъмини шаффофият дар раванди ќабул, беш аз 700 нафар муассисаи моро ба забон гирифтаанд. Ќобили зикр аст, ки дар собиќ Иттињоди Шўравї донишкадаи мо аввалин шуда, уникалии ќабули санљиши дониш ва малакаи донишљўёнро љорї намудааст, ки мувофиќи талаботи он донишљў њар рўз санљиши љорї месупорад ва ду маротиба санљиши марњилавї аз тарафи устод ва имтињони нињої аз тарафи кормандони маркази тестии донишкада ќабул карда мешавад. Дар маркази тестї миќдори зарурии маводњои имтињонот, мисли тестњои оддї, тестњои мувофиќоварї, тестњо бо љавобњои кўтоњ, масъалањои детонатсияшаванда, масъалањои маљмаавї (комплексї), масъалањои вазъиятї (ситуатсионї), эссе, мафњумњо ва ќоидањои асосї, супоришњо барои имтињони зењнї аз рўи њамаи фанњо љамъ карда шудаанд. Њамаи маводњои корњои хаттии донишљўён бе иштироки устодон ба воситаи технологияњои њозиразамон тафтиш карда мешаванд. Тавассути натиљањои имтињони нињоии марказонидашуда, якчанд омилњоро муайян кардан мумкин аст, ки он барои бењбудии вазъияти таълим дар макотиби олї такони љиддие мебахшад. Чунончї, сифати дарсгузарии устод, адолатнокии бањомонии омўзгор дар санљишњои љорї ва марњилавї, сифат ва душвории маводњои имтињонї, дараљаи азхудкунии донишљўён дар ихтисо-

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар Паёмњои хеш, алоњида дар боби муборизаи дастаљамъї бар зидди коррупсияро яке аз унсурњои пешрафти иљтимої ва иќтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид њамагонро барои решакан намудани ин марази љомеа даъват менамоянд. Зеро дар љамъият њар чї бештар зуњур кардани љинояти хусусияти коррупсионидошта боиси рушди беадолатї, мањдудгардонии њуќуќњои инсон, пастравии обрў ва нуфузи кишвар дар сатњи байналмилалї гардида, њамчун яке аз намудњои аслии тањдиди воќеї ба амнияти давлат мегардад. Мусаллам аст, ки яке аз воситањои коњиш додани сатњи ришваситонї ин баланд бардоштани вазъи иљтимої мањсуб мешавад. Бо иќдоми раиятдўстонаи Сарвари давлат сол аз сол маоши кормандони соири хољагии халќ боло меравад, аммо ин амали номатлуб њанўз њам дар љомеа љой дорад.

ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИЉТИМОИВУ

МАЪНАВИИ МУЊАССИЛИН

сњо ва гурўњњои гуногун ба инобат гирифта мешавад. Натиљањои имтињонот имконият доданд, ки мутахассисони Маркази тестї ба Раёсати донишкада, деканњо ва мудирони кафедрањо оид ба бозомўзии баъзе устодон, таѓйир додани барномањои кории фанњои гуногун, гузаштани дарсњои иловагї барои донишљўён, оид ба таѓйир додани маводњои имтињонї, сусттар тайёр будани дараљаи азхудкунї нисбати мавзўъњои алоњида пешнињод ва дастурњо дињанд. Баъди чораљўї намудан ва ислоњи камбудињои дар боло зикршуда дараљаи сифати таълим ба маротиб боло рафт. Барномањои компютерї ва раванди ќабули имтињонот тариќи маркази тестї аз љониби худи устодон ва шогирдони донишкада тарњрезї ва сохта шудааст. Натиљањои имтињонот ба воситаи сохтори ягонаи иттилоотии донишкада, ки он аввалин ва ягона дар Осиёи Марказї аст, ба

Нишасти матбуотї Дар Донишгоњи миллии Тољикистон соли сипаришуда дар самти таълим, тарбия, илм, робитањои байналмилалї ва дигар бахшњо дигаргунињои љиддие ба вуќўъ пайвастанд. Аз љумла, дар донишгоњ 13 маљлиси Шўрои олимон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 184 масъала баррасї карда шуд. Бањри рушди раванди таълим ва тарбияи мутахассисони љавон, инкишофи минбаъдаи корњои илмию тадќиќотї дар донишгоњ, баланд бардоштани наќши он дар миќёси љумњурї ва берун аз он Шўрои олимон масоили асосиро матрањ намудааст.

донишљў шинос карда мешавад. Махзани маълумотњои донишљўён дар марказ абадї нигоњ дошта мешаванд ва чунин раванди кор имкон медињад, ки сатњи донишро мунтазам дар солњои мухталиф муќоиса карда тавонем. Дар оянда мо метавонем баъд аз хатм, ин донишљўёнро аз санљиш гузаронем, ки кадоме аз донишњои гирифтаашон дар хотир мондааст. Зеро ин ба мо имконият медињад, ки донишњои азхудкардаи хатмкунандагонро муайян карда, минбаъд ба наќшањои таълимї таѓйирот ворид намоем. Дониши дар хотири хатмкунанда наќш набаста, маълум аст, ки дар њаёт низ мавриди истифода ќарор намегирад. Аз ин лињоз, он бояд бо дигар дониш ва малакаи зарурї иваз карда шавад Њамаи ин имконият дод, ки њолатњои фасод (коррупсия) на танњо дар имтињонњои дохилшавї, балки дар имтињоноти дохилии љории донишкада низ пурра барњам дода шавад.

Дигар аз ќадамњои муњими пешгирии амалњои коррупсионї ба мувофиќнамоии супоришоти имтињонот бо сатњи дониши воќеии хатмкунандагони макотиби миёна вобастагї дорад. Яъне, супоришоти имтињонот бояд барои муайяннамоии сатњи маърифатнокї ва савияи дониши довталаб асос гардад. Дар супоришоти имтињоноти ќабули бештари макотиби олии кишвар масъалањое пешнињод мегарданд, ки 90 дар сади хатмкунандагони мактабњои олї ќобилияти њалли онњоро надоранд. Љињати мазкур метавонад њамчун омили сар задани амалњои коррупсионї хизмат намояд. Њамчунин, алоќаи зичи донишкада бо макотиби миёнаи шањру навоњї ва љалби хатмкунандагони болаёќат дар ин самт заминаи муњим пеш меорад. Соли сеюм аст, ки устодони донишкада дар мактабњои вилоят, бевосита аз дараљаи дониши хонандагон огоњї пайдо карда, шогирдоне,

ДМТ - ЊАМВАЗНИ ДОНИШГОЊЊОИ БОНУФУЗ Њамзамон дар соли гузашта Донишгоњи миллии Тољикистон аз аттестатсияи Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф бо муваффаќќият гузашт. Дар самти таълим донишгоњ вазифањои муайянеро аз ќабили назорат аз болои раванди дарсњо, ташкили љараёни таълим, њаракату сатњи донишазбаркунии донишљўён, назорати раванди пайваста ба дарсњозиршавии омўзгорон, натиљагирии пайвастаи санљишњои фосилавї, тањияи асноди лозима љињати босифат гузарондани љараёни дарсњо, санљиши коргузории бахши таълими методии факултањо, муназзам љараён гирифтани дарсњо, хуб иљро шудани талаботњои наќшањои таълимї, бењтар

гардидани самти ташкили корњои таълимї ва назорати иљрои сарбории таълимии њайати профессорону омўзгорони донишгоњ ба сомон расонид. Дар донишгоњ якчанд ихтисос ва кафедрањои наве ба монанди криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї, кори тиббї-ташхисї, усули таълими химия, кори иљтимої, њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї таъсис дода шуданд. Тавре масъулини донишгоњ иброз доштанд, ин ихтисосњо бо таќозои замон ва бозор таъсис ёфтанд. Яке аз самтњои муњимтарини корњои илмию тањќиќотиро дар донишгоњ омода намудани кадрњои илмии соњањои гуногун ташкил

ки аз уњдаи иљрои санљишњо мебароянд, ба донишкада љалб карда мешаванд. Мањз ба роњ мондани ин усули љалби мактаббачагон, дараљаи сатњ ва сифати таълимро дар донишкада боло бурда, дилгармї миёни хонандагони мактабњо равшан эњсос мешавад. Њоло донишкада аз рўи дараљаи азхудкунии дониш миёни мактабњои олии кишвар мавќеи шоистаро касб мекунад. Љалби устодони соњибэњтиром ва обрўманд, ки солиёни зиёд шуњрат ва номи неки худро њифз намудаанд, яке аз муњимтарин авомили пешгирии амалњои коррупсионї дар донишкада мањсуб мегардад. Њамзамон баланд бардоштани маоши устодон, дастгирии молиявї коррупсияро аз байн хоњад бардошт, ки ин таљриба дар донишкадаи мо васеъ ба роњ монда шудааст. Дар соли рафта чанд лоињаи инноватсионии донишљўён аз љониби Раёсати донишкада сазовор ќадрдонї шуда, бењтарин дастурњои илмї- методии омўзгорон, баробари мукофотонидан, ройгон ба нашр расиданд. Њамчунин тибќи шартнома, донишљўён ба дигар муассисањои олии хориљи кишвар барои таљрибаомўзї фиристода мешаванд. Мањз ќадр намудани зањмати устодон буд, ки сол то сол сафи љавононе ки рў ба илм ва пажўњиш нињодаанд, дар донишкада меафзояд. Волидайни донишљўён ба умеде маблаѓ сарф карда фарзандонашонро ба ин ё он муассисањои олї медињанд, ки рўзе мерасаду такягоњ ва мутаккои онњо хоњанд шуд. Оѓози фаъолияти Маркази миллии тестии љумњуриявї барои боз њам бењтар ва самараноктар намудани сифати таълим заминаи хубе хоњад шуд. Ин тадбири муњиме, ки бо пешнињоди Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон роњандозї гардида истодааст, адолати иљтимоиву маънавии муњассилинро дар љамъият таъмин менамояд.

Дилафрўз САНГИНОВА, сардори маркази тестии ДПДТТ ба номи академик М. Осимї дар шањри Хуљанд, номзади илмњои техникї

медињад. Соли гузашта аз љониби устодони ДМТ дар маљмўъ 21 рисоли докторї ва 83 рисолаи номзадї дифоъ карда шуд. Дар самти тарбия низ соли гузашта дар донишгоњ корњои назаррасе анљом дода шудааст. Аксарият бо мошин ба дарс омадани донишљўёнро мавриди танќид ќарор медоданд ва нораво арзёбї мекарданд. Бо маќсади њал кардани ин мушкил раёсати донишгоњ тадбири бо корт ворид шудан ба донишгоњро роњандозї намудааст, ки хеле муњим ва сариваќтї мебошад. Зеро бидуни корт дигар њељ мошине вориди донишгоњ шуда наметавонад. Лозим ба ёдоварист, ки аз оѓози соли тањсил гурўњи англисї дар факултаи муносибатњои байналхалќї кушода шуд. Њамчунин кушодани гурўњи англисї дар ихтисоси муносабатњои њуќуќи байналхалќї ва дар њамаи факултањо гурўњњои русї барои соли нави тањсил ба наќша гирифта шудааст.

Т. ХАЛИЛОВ


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

НИШАСТИ МАТБУОТЇ

САМТЊОИ АФЗАЛИЯТНОК МАВРИДИ ОМЎЗИШ ЌАРОР ДОРАНД

Дар Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо иштироки намояндагони ВАО-и љумњурї нишасти матбуотї доир гардид. Дар нишасти мазкур директори Марказ Худобердї Холиќназаров оид ба љамъбасти натиљањои назарраси фаъолияти марказ маълумот дод. Аз љумла, мавсуф иброз дошт, ки дар соли сипаригашта, Маркази тадќиќоти стратегї аз рўи ду самти афзалиятнок: стратегияи рушди низоми сиёсї ва фарњанги сиёсї дар ЉТ ва консепсияи таъмини сифатии рушди иќтисодиёти ЉТ фаъолият бурд. Дар соли њисоботї Марказ аз рўи мавзўъњои зайл: манфиатњои миллию давлатї дар сиёсати хориљии љумњурї, нињодњои иљтимої ва сиёсї дар ташаккули фарњанги сиёсї, таъсири хусусиятњои фарњанги сиёсии љомеа, таќвияти низоми сиёсї ва таъмини рушди босифати соњањои иљтимої пажўњишу тањќиќотњо гузаронид. Аз тарафи Шўрои табъу нашри Марказ дар чор шумораи маљаллаи "Тољикистон ва љањони имрўз" оид ба масъалањои иќтисод ва сиёсати Љумњурии Тољикистон ва кишварњои дигар 38 маќолаи илмї нашр шудааст. Дар баробари ин, боз маљаллаи нави илмию пу блисистии "Набзи замон" якчанд шумора ба нашр расид, ки ба масъалањои рўзмарраи сиёсї, иљтимоию иќтисодї ва фарњангї бахшида шуда, барои истифодаи хизматї пешбинї шудааст ва ба 75 сохтори давлатї дар њаљми 1000 нусхагї фиристонида шуд. Китобњои Президенти Љумњурии Тољикистон

муњтарам Эмомалї Рањмон "Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллї", "Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён" (4 китоб дар 1 љилд) ба забони русї тарљума ва ба нашр расиданд. Њамчунин, тарљумаи ин китоб ба забони англисї низ анљом дода шуд. Сайти Марказ иваз карда шуда, дар он маводњои Марказ љой дода шуданд. Бахусус, оид ба амнияти иттилоотї маводњо тањия шуда, мусоњибањои зиёди ВАО љой дода шудааст. Дар ќисмати охири нишасти матбуотї саволу љавоби миёни рўзноманигорон ва мутасаддиёни Марказ сурат гирифт. Аз љумла, дар робита ба муноќишаи вусъат ёфтаи миёни хизматчиёни њарбии Тољикистону Ќирѓизистон саволњо ба миён омад. Директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Худобердї Холиќназаров бо итминони комил иброз дошт, ки хархашаву низоъ ва нофањмињо миёни ду давлат, бояд дар фазои дў стонаю якдигарфањмї њалли худро ёбад. Ёдрас мекунем, ки рўзи 11-уми январ дар мавзеи дењаи Хоља-Алои ноњияи Исфара ва Оќсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тољику ќирѓиз муноќиша ба вуќўъ пайваста, бо тирпарронї ба анљом расид, ки дар натиља 3 сарбози тољик, 5 марзбони ќирѓиз ва як корманди њифзи њуќуќи ќирѓиз љароњат бардошт. Дар нишасти матбуотї намояндагони ВАО ба суолњои худ посухњои муносиб ва ќаноатбахш гирифтанд.

11

Соли 2013 барои соњаи маориф ва илми кишвар соли пурбарору пурсамар ба њисоб мерафт. Тавре зимни нишасти матбуотї зикр гардид, дар ин сол чорабинињо ва воќеањои муњиме ба вуќўъ пайвастанд, ки боиси боз њам бештар густариш ёфтани соња гардиданд. Вохўрињо бо ятимони кул дар мактаби байналмилалии президентї, ифтитоњи факултаи сохтмони Донишгоњи техникии Тољикистон, бунёди кўдакистони президентї дар шањри Хуљанд, мактаби президентї барои хонандагони болаёќат дар шањри Кўлоб, ифтитоњи Маркази миллии тестї бо иштирок ва суханронии Роњбари кишвар аз муњимтарин падидањои сол ба шумор мераванд. Соли 2013 дар шањру ноњияњои кишвар муассисањои тањсилоти гуногуне бунёд ёфтанд, ки дар онњо хонандагони сершуморе ба тањсил фаро гирифта шуданд. Аз љумла, шумораи муассисањои томактабї дар ин сол ба 523 адад расид, ки нисбат ба соли 2013 14 адад зиёд мебошад. Барои бо мураббиён ва муаллимон таъмин намудани муассисањои таълимї, ки яке аз мушкилоти умдаи соњаи маориф мебошад, чорањои судманд андешида шуд. Азбаски зинаи тањсилоти миёнаи умумї дар ташаккули шахсияти хонанда наќши муњим дорад, барои ислоњоти он дар давоми соли 2013 як силсила санадњои меъёрию њуќуќии соња омода карда шуд. Барои бењбудии зиндагии омўзгорон низ дар соли гузашта Вазорати маориф ва илми кишвар тадбирњои мушаххасеро роњандозї намуд ва якчанд имтиёзњо муќаррар гардиданд. Низомномаи "Муаллими соли Тољикистон" дар мушовара тасдиќ гардид, ки шартњои озмунро мукаммал на-

ЯК СОЛИ ПУРБАРОР муд. Минбаъд барои ѓолиби ин озмун мукофот ба маблаѓи 20 њазор сомонї муайян шудааст. Њамзамон аз љониби мушовара "Низомнома оид ба ташкили тањсил дар хона" тасдиќ гардид, ки он тартиби гирифтани тањсилро дар хона барои кўдаконе, ки аз сабаби беморї ба муассисањои таълимї рафта наметавонанд, ба танзим медарорад. Вазорати маориф ва илм дар давоми сол дар муассисањои таълимї якчанд санљишњо гузаронид. Маълум гардид, ки дар соли гузашта дараљаи азхудкунии дониш дар муассисањои таълимї афзудааст. Аз ин љост, ки дар давоми соли хониши 20122013 хонандагони болаёќати мамлакат дар олимпиадањои байналмилалї дар давлатњои Амрико, Босния, Њоландия, Туркия, Русия, Ќазоќистон, Руминия, Озарбойљон, Гурљистон ширкат варзида, сазовори 139 медали тилло, нуќра ва биринљї гардиданд, ки теъдоди ѓолибон нисбат

ба чор соли гузашта 3,5 маротиба афзудааст. Дар баъзе шањру ноњияњои кишвар мушкили аз тањсил дур мондани хонандагон ба назар мерасад, ки барои њалли он Вазорати маориф ва илми кишвар пайваста чораљўйї мекунад. Чуноне ки роњбарияти Вазорат дар нишаст зикр намуданд, сабаби асосии аз мактаб дур мондани хонандагон дур будани муассисањои тањсилоти умумии асосї ва миёнаи умумї аз љойи зисти хонандагон мебошад. Дар ин самт мактуби вазири маориф ва илм љињати ба муассисањои тањсилоти умумии асосї ва миёнаи умумї табдил додани муассисањои тањсилоти ибтидої ба унвони раисони вилоят ва шањру ноњияњои кишвар фиристода шудааст. Дар натиља якчанд муассисаи тањсилоти ибтидої ба муассисаи тањсилоти миёнаи умумї табдил дода шуд, ки ин барои љалби бештари хонандагон ба зинањои минбаъдаи тањсилот заминаи мусоид фароњам овард. Мавриди зикр аст, ки дар самти таълиму тарбия мушкилоти зиёде ба назар мерасад. Аз љумла, афзудани шумораи хонандагоне, ки даст ба љиноят мезананд, ба мушоњида мерасад. Решаву маншаи ин зуњуротро ёфтан ва ислоњи он амри ногузир мебошад. Гарчанде шумораи хонандагони балаёќат хеле зиёд аст, аммо дар баробари ин шумораи хонандагоне, ки ба тањсил таваљљуњ надоранд, зиёд мебошад. Аз ин сабаб сафи донишљўёни тасодуфї низ дар донишгоњњо бештар шудааст. Умедворем, ки чунин мушкилот низ тадриљан њалли худро хоњад ёфт.

Толиби ЛУЌМОН

Моњрухсор РАЊИМОВА

ИМОМХАТИБОН СОЊИБИ ЛИБОСИ ЯГОНА ХОЊАНД ШУД Бино ба иттилои раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Абдурањим Холиќов, чорабинињои хайриявї, ки дар соли гузашта доир шуданд, боиси дастгирї аст.

Љињати дар сатњи баланд љашн гирифтани иди Наврўз ва таъмини Амру фармонњои муфиду сариваќтии Президенти Љумњурии Тољикистон аз тарафи Кумита, хатнасури 50 нафар атфол ва тўйи домодию арўсии ду љуфт навхонадорон баргузор

карда шуд. Дар шањру ноњияњои љумњурї аз љониби шахсони саховатманд, вазорату идорањо ва ташкилоту муассисањо, аз љумла дар арафаи љашни миллии Наврўз, рўзњои љашни Вањдати миллї ва Истќлолияти давлатии Тољикистон хатнасури 14087

нафар писарбачањо ва тўйи домодию арўсии 817 љуфт навхонадорон аз оилањои камбизоат ба тариќи дастаљамъона баргузор гардид. Њоло дар маќомоти ваколатдори давлатї оид ба дин як Маркази исломї, 47 масљиди љомеи марказї, 366 масљиди љомеъ, 3567 масљиди панљваќта, 6 мадрасаи мутавассита, 74 иттињодияи динии ѓайриисломї, як маркази љамоатхонї, як љамоаи динии ѓайриисломї, дар маљмўъ 4063 иттињодияи динї ба ќайд гирифта шудааст. Кумита дар давраи њисоботї дар асоси 136 дархост 456 адабиёт ва вараќањои диниро дар њаљми 101628 сањифа, баробар ба 6351,75 љузъи чопї мавриди

тањлил ќарор дода, хулосањои лозимиро пешнињод намуд. Аз ин теъдод ба 381 адабиёти дорои мазмуни динї хулосањои мусбї ва ба 75 адабиёт ва вараќањои динї, ки мазмуну муњтавои онњо ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат доштанд, хулосаи манфї дода шуд. А. Холиќов дар нишасти матбуотї дар баробари матрањ сохтании бисёр масъалаи бањсталаби соња, њамчунин изњор дошт, ки имомхатибони љумњурї соњиби либоси ягона мешаванд. Ў гуфт, ки «ороиши сару либоси ягонаи эшон ва ё дизайни либос интихоб шуд ва њоло омода сохтан ва дўхтани он идома дорад ва ояндаи наздик имохати-

бон соњиби либоси ягона» хоњанд шуд. Дар њамин њол Сайидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон гуфт, ки маош барои раиси Шўрои уламо 2 њазор сомонї, барои сархатибони шањру ноњия 1,5 њазор сомонї ва барои имомхатибон 800 сомонї ба назар гирифта шудааст. Мавсуф њамзамон афзуд, ки људо кардани маош дархост ва пешнињоди Шўрои уламои дин ва имомхатибон буд, ки аз љониби Раиси љумњур ва њукумат дастгирї пайдо кард ва дар маљмўъ, беш аз 300 нафар дар моњи феврал маош хоњанд гирифт.

Моњрухсор РАЊИМОВА


12

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Нишасти матбуотї

Кишоварзї

ДАРАЉАИ ТАХАССУСИИ

ГЕОЛОГЊО БАЛАНД БАРДОШТА МЕШАВАД Мурод Љумъаев - сардори Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар нишасти матбуотї бо хабарнигорон иттилоъ дод, ки айни замон дар тобеъияти саридора 12 воњидњои сохторї фаъолият намуда, норасоии таљњизоти муосир ва мутахассисони баландихтисос асоси мушкилоти пешрафти фаъолият дониста мешавад.

Бо вуљуди норасоињои зикргардида, Саридораи геология дар соли сипаригардида, аз њисоби буљаи давлатї аз рўи 32 лоиња ба маблаѓи беш аз њафт миллион сомонї ва корњои шартномавиро аз рўи 156 лоиња дар њаљми зиёда аз 11 миллион сомонї ба иљро расонидааст. - Мавриди зикр аст, ки, - таъкид менамояд, М.Љумъаев, -пешгўињои геологии Раёсати геологияи собиќи шўравї дар саросари љањон пешсаф буд ва хушбахтона ин анъана дар сохтори геологияи тољик то ба имрўз ин падидаи неку афзалиятнок њифозат карда мешавад. Маълумотњои фаровони дар дастдоштаи мо имкони фаъолияти пурсамари корњои љустуљўї ва иктишофиро фароњам сохта метавонад. Бобати баланд бардоштани мањорату малакаи кормандони соња Саридораи геологияи љум-

њурї њамкориро бо шарикони хориљии худ хеле хуб ба роњ монда, ба ин васила дараљаи тахассусии геологњои тољикро баланд мебардорад. Дар асоси Ёддошти њусни тафоњум байни Саридораи геологияи тољик ва Институти Федеролии илмњои геологї ва захирањои табиии Љумњурии Федералии Олмон корњои тањќиќотию омўзиширо оид ба бањодињии иќтисодии ашёи хоми минералї оѓоз намуда, барои густариши њамкорињои оянда дар љаласањои Раёсати тадќиќотии дуљониба дар кишварњои Финландия ва Эфиопия намояндагони геологияи тољик ширкат доштанд. Дар баробари ин, кормандони соња дар кишварњои Њиндустону Швейтсария, ИМА, Федератсияи Русия ва Белорус савияи мањорату малакаи худро баланд бардоштанд. Ин анъана ва бозомўзии самарабори тарафайн минбаъд низ идома дода мешавад. Кормандони соњаи геологияи тољик дар соли 2014 бањри он талош менамоянд, ки нишондињандањои истењсолї ва захирањои канданињои фоиданокро афзун карда, ба ин васила барои таќвияти фаъолияти соња ва афзун гардонидани буљаи мамлакат сањм гузоранд.

Маъруфи БОБОРАЉАБ

ЗАНБЎРИ АСАЛ: БА 3 ЊАЗОР ОИЛА МЕРАСАД Дар шањри Роѓун бо иштироки васеи кормандони Васоити ахбори омма нишасти матбуотї баргузор гардид. Дар нишаст раиси шањр Шариф Шарифов дар бораи нишондињандањои иќтисодию иљтимоии шањри Роѓун дар соли 2013 ва вазифањои навбатї барои соли 2014 гузориш дод. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањр бањри дар амал татбиќ намудани фармону супоришњои Роњбари давлат љињати болоравии соњањои иќтисодию иљтимої ва фарњангии минтаќа кўшишњои зиёде ба харљ медињанд. Дар соли равон буљаи мањаллии шањри Роѓун, ки ќисми даромадаш мутобиќи наќша 21, 202, 2 њазор сомониро ташкил медод, ба маблаѓи 16 миллиону 667 њазору 300 сомонї таъмин карда шуд, ки он 81,0 фоизро ташкил медињад ва нисбати соли гузашта 575, 4 њазор сомонї зиёд аст. Даромади ќисми буљети љумњуриявї бошад, мутобиќи наќша 20 миллиону 121 њазору 900 сомониро ташкил медод, ки он дар њаљми 7 миллиону 161 њазор сомонї таъмин карда шуд, ки иљроиши он 36 фоизро ташкил медињад. Љамъи умумии даромадњои буљетњои љумњуриявї ва мањаллї, ки тибќи наќша 41 миллиону 324 њазору 200 сомонї муайян гардида буд,ба миќдори 26 мил-

лиону 597 њазор сомонї таъмин карда шуд. Ќисми харољоти буљет бошад, ба љои 21 миллиону 738 њазору 700 сомонии наќша, ба њисоби дигаршавиаш дар њаљми 19 миллиону 523 њазор сомонї иљро шуд, ки иљрои наќшаро 90-фоиз таъмин карда, дар нисбати њамин давраи соли гузашта 3 миллиону 728 њазору 800 сомонї зиёд мебошад. Бо маќсади амалї гардонидани таъминоти ањолї ва сохтмони Нерўгоњи барќи обии Роѓун бо ќувваи барќ, идораи барќи шањри Роѓун кўшишњои зиёд ба харљ дода, давоми сол ањолиро бо ќувваи барќ таъмин намуд. Дар соли равон дар майдони 118 гектар боѓњои нав бунёд карда шуданд, ки он дар нисбати соли 2012 77 гектар зиёд мебошад. Тибќи наќша мењнатдўстони соња то солњои наздик масоњати боѓњои навро ба 135 гектар расонданианд. Барномаи рушди соњаи занбўри асалпарварї барои солњои 2011-2013 дар њудуди шањр пайваста иљро мешавад ва миќдори оилањои занбўри асал ба 2097 оила расонида шудааст, ки нисбати солњои пешин 142 оила зиёд буда, то солњои наздик теъдоди оилањои занбўри асал ба 3 њазор оила расонда мешавад.

Њокими САФАР, шањри Роѓун

Масоили рушди соњаи агросаноатї, алалхусус амнияти озуќаворї барои давлати мустаќил яке аз масъалањои таќдирсоз аст. Дар ин шароите, ки љумњурии мо дорад, бояд таъминот бо мањсулоти озуќа бењтар бошад. Аз ин лињоз, мафњуми амнияти озуќаворї таъминоти мунтазами ањолї бо мањсулоти озуќавориро новобаста аз шароити љањонї мефањмонад. Ин маљмўи чорабинињоест, ки таъмини ањолї бо мањсулоти озуќаворї ва пешгирии тањдидњо ба соњаи озуќаворї аз љониби омилњои њарбїсиёсї, иљтимої, иќтисодї ва экологиро дар бар мегирад.

АМНИЯТИ ОЗУЌАВОРЇ:

СОЊАИ АГРАРЇ МУЊТОЉИ ДАСТГИРИСТ Амнияти озуќаворї таќозо мекунад, ки бозори дохилї аз оќибатњои ногувори љанг, муњосираи иќтисодї, воридоти номунтазам, фалокатњои табиї, пањншавии беморињои сироятноки чорвою наботот, њамлаи њашароту паразитњо ба осонї њимоя шавад ва зиёни камтар бинад. Бинобар ин, дар мамлакат њамеша будани захирањои маќсадноки моддї, маблаѓ ва мањсулоти озуќаворї шарт аст. Пеш аз њама, донистани ягонагии меъёри бањодињии амнияти озуќаворї муњим аст. Ин нишондињанда дар миќёси байналмилалї ва њар кишвар вобаста ба шароиташ гуногун аст. Худтаъминкунї бо озуќа, баробарии захира мувофиќи талабот ва дастрас будан ба маводи њаётан зарур (сафедањо, чарб, карбогидратњо, маводи минералї, витаминњо ва ѓайра) шарти муњими амнияти озуќаворї ба њисоб меравад. Љумњурии Тољикистон ба кишварњои доро дохил намешавад, зеро Маљмўи мањсулоти дохилї ба њар сари ањолї соле наздики 900 долларро ташкил медињад. Ин нишондињанда нисбати кишварњои пешрафта 10-15 маротиба камтар аст. Ин раќам дар як моњ ба 68 доллар баробар мешавад, ки 80 фоизаш ба хариди мањсулоти озуќа сарф хоњад шуд. Тибќи меъёрњои байналмилалї ин раќам бояд аз 50 % зиёд набошад. Аз ин рў, Љумњурии Тољикистон чанд сол боз дар остонаи тањдид ба амнияти озуќаворї ќарор дорад. Инсоният њанўз аз даврони дар батни модар буданаш, то лањзаи охири умр муњтољи ѓизо мебошад. Аз ин рў, норасоии озуќа дар солњои аввали њаёт метавонад боиси аќибмонии рушду нумўи инсон шавад. Ѓизои мукаммали солњои минбаъдаи њаёт ин норасоиро љуброн карда наметавонад. Аз ин рў, њар ќадар ѓизо ѓанию солим бошад, худи љомеа њамон андоза солим мемонад. Дар шароити њозира, амнияти озуќаворї бо тањдидњои махсус вобастагї дорад. -Тањдиди асосї ба амнияти озуќаворї, пеш аз њама, номукаммалии ѓизо, камхўрї ва гуруснагї миёни ањолї (кишварњои Африќої, Амрикои Лотинї ва мамолики аќибмондаи Осиё) ба њисоб меравад. Ѓайр аз ин, пањншавии беморињои гуногун (сўхтанї, брутселёз, сил..), инњисори озуќаворї, фалокатњои табиї, њисобу китоби нодуруст дар бахши истењсолоти аграрї, биёбоншавии заминњо ва ё камшавии майдонњои кишт низ ба амнияти озуќаворї тањдид мекунанд. Омилњои демографї њам хатари љиддї шуда метавонанд. Суръати баланди афзоиши ањолии Тољикистон, ки нисбати кишварњои мутараќќї 5 маротиба баландтар аст, вобастагии озуќавориро ба миён меорад. Вазъи амнияти озуќавории мамлакат, аз замони соњибистиќлол шудани љумњуриамон мушкилоти бехатарии бозори дохилии озуќавориро

ба миён оварда буд. Он бо буњрони умумии иќтисодї ва заиф шудани пояњои иќтисодию иљтимої якбора афзоиш ёфт. Аз ин рў, бањри аз байн бурдани хатар масъалаи зарурати ба роњ мондани сиёсати оќилонаи давлатии иќтисодї ба миён омад, ки он њалли муваффаќонаи худро дарњол пайдо кард. Дар шароити кунунї бењбудии вазъи иќтисодї-иљтимоии ањолї ва амнияти озуќавории мамлакат аз фаъолияти мукаммали Комплекси агросаноатї (КАС) вобастагии калон дорад. Мутаассифона, баъди пошхўрии Иттињоди Шўравї ин соња дар њолати ѓайриќаноатбахш ќарор гирифт. Њанўз суръати афзоиши истењсолот ба дараљаи солњои пешин нарасидааст. Њарчанд солњои 1991-2012 истењсоли ѓалла ба њар сари ањолї 2,5 баробар, картошка 2,4 баробар зиёд шуда бошад њам, истењсоли сабзавот 3%, полезињо 35%, мева 2,4 баробар, ангур 5 баробар, гўшт 4 баробар, шир 70%, тухм 10 баробар кам шуд. Њосилнокии киштзорњо паст гашта, мањсулнокии мењнат поён рафт. Аз љониби дигар, ањолии Тољикистон торафт меафзояд, ки ин боиси камшавии майдони кишт низ мегардад. Агар 60 сол пеш ба њар сари ањолї 0,5 га майдони кишт рост омада бошад, њоло ин раќам ба 0,1 га расидааст. Бо чунин суръати рушди ањолї то солњои 2015-2020 ин нишондињанда мумкин аст ба 0,06 га расад. Имрўз аз рўи њисобњои оморї як дењќони тољик њамагї 5-7 нафарро мехўронад, њол он ки мањсулоти истењсолкардаи ў бояд њамчун мамлакатњои мутараќќї 50-70 нафарро сер кунад. Аз њамин сабаб, имрўз ба кишвар аз хориља мањсулоти зиёди озуќа ворид мешавад. Мо њамагї 45-50 фоиз бо мањсулоти озуќа худро таъмин мекунему халос. Боќимондаро аз берун мехарем. Њол он ки мувофиќи меъёри байналмилалї аќаллан 80-85 фоиз ба мањсулоти худї таъмин бояд шуд. Нишондињандаи аз ин паст ба амнияти озуќаворї хатар дорад. Вобаста ба ин, меъёрњои бањодињии тањдид ба амнияти озуќаворї вуљуд дорад. Албатта, пеш аз њама, сатњи мањсулоти истеъмолшаванда ва истењсолшавандаи аграрї ба назар гирифта мешавад. Агар мо дар замони шўравї ба њар сари ањолї 3,2-3,5 њазор килокалория дар як шабонарўз истеъмол мекардем ва њиссаи мањсулоти чорводорї 25-30 фоизро ташкил медод, имрўз њамагї 2 њазор килокалория истеъмол мекунем, ки њиссаи мањсулоти чорводорї 12 фоиз аст. Дурудароз истеъмол намудани ѓизои номукаммал боиси зиёдшавии беморињо, камшавии умр, пастравии мањсулнокии мењнат ва косташавии генофонди миллї мегардад. Агар барои паси сар кардани ин њолат чорањои ќатъї набинем, он гоњ љомеа ба карахтї ва билохира, ба нестї хоњад расид. Барои муќоиса

гуфтаниям, ки дар ИМА соле њар кас 100 кило, кишварњои мутараќќї 70 кило ва дар Тољикистон 9 кило гўшт истеъмол мекунанд. Дар љумњурии мо бештар нону мањсулоти хамирї ва картошка истеъмол мекунанд, ки он аз њама меъёрњои муайяннамуда ва иљозатдодаи тиббї зиёдтар аст. Барои њамин роњи халосї ё пешравї аз ин вазъияти ногувори иќтисодї љой дорад. Дар шароити љумњурии мо аз рўйи таљрибаи бисёр кишварњо (Чин, Япония) роњи халосї аз чунин вазъияти ногуворро дар афзалият додан ба соњаи аграрї љустан лозим. Ќабл аз њама, ба соњаи аграрї имтиёзоти моливї (камкунии андоз, ќарздињї, сармоягузорї) додан зарур аст. Аз њисоби маблаѓњои давлатию ѓайридавлатї комплекси агросаноатиро дастгирї бояд кард. Шароити имрўза дар зинаи аввал побарљой кардани бахшњои таъмини захира (техника, нурї, тухмї) ва коркарди мањсулот (равѓанкашї, консервабарорї)-ро талаб мекунад. Мо то ин дам кишварро ба содиркунандаи ашёи хом (нахи пахта, тамоку, пашм, пўст ва ѓайра.) табдил додем. Пеш аз њама ба рушди саноати коркарди мањсулоти аграрї диќќат дода нашуд. Њол он ки фарќ миёни нархи ашёи хом ва мањсулоти тайёр 15-20 маротиба зиёдтар аст. Пахтакорони мо ба хориља нахи пахтаро содир намуда, бо ин иќтисодиёти дигар кишварњоро дастгирї карда истодаанд. Ин на танњо ба амнияти озуќаворї, балки ба иќтисодиёти мо зарар дорад. Њосили пасти пахта мањсулнокии заминњои ќиматбањои обиро кам карда, моро аз гирифтани њосили фаровони сабзавоту хўроки чорво мањрум месозад. Бинобар ин, барќароркунию навсозии корхонањои калони коркарди мањсулоти соњаи растанипарварї ва чорводорї (фабрикањои паррандапарварї, хољагињои чорвофарбењкунї…) зарур аст. Имрўз њамагї 25 фоизи Маљмўи мањсулоти дохилї ба соњаи аграрї рост меояд. Дар сурати тараќќї додани соњаи коркарди мањсулот ин раќамро ба 50 фоиз расонидан мумкин аст . Он гоњ на танњо љумњурии мо аз вобастагии озуќаворию иќтисодї берун мебарояд, балки ба сатњи баландтари тараќќиёти худ ворид мешавад. Барои амалишавии ин наќшањо иродаи сиёсии роњбарияти њукумат ва сохторњои марбута зарур аст. Вобаста ба ин, соњаи аграрии љумњуриро зарур аст, ки дар шароити душвори воридшавї ба бозори љањонї барои мављудияти худ мубориза барад. Аз ин рў, бозори озуќавории кишвар муњтољи дастгирї ва њимоя аст. Мо бояд ба зудї соњаро аз содиркунандаи ашёи хом (нахи пахта, пашм, пўст, геран, гиёњњои шифобахш…) ба истењсолкунандаи мањсулоти тайёр табдил дињем.

Фаррух АБДУВОСИЕВ


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

Т

АВРЕ аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суѓд ба мо иттилоъ доданд, дар соли 2013 дар њудуди вилоят 377 садамаи роњу наќлиётї ба ќайд гирифта шудаанд, ки мутаассифона, аз ин 380 нафар љароњатњои гуногун бардошта, 140 нафар фавтидаанд. Чунончї, аз маълумотњои оморї бармеояд, аксари ба садама гирифтор шудагон љавонон мебошад. Чаро чунин њолат мањз бо љавонон рўй медињад? Маълум, ки сатњи кофии дониши ронандагиро дар курсњои ронандагї азхуд накардаанд, дар рафти омўзиш ба сањлангорї роњ додаанд. Ин нукта дар мулоќоти соли гузаштаи Президенти кишвар бо љавонон таъкид шуда, зиёд гардидани шумораи садамањои наќлиётї, бахусус аз љониби ронандагони љавон њамчун падидаи ташвишовар арзёбї гардид. Дар њудуди минтаќаи шимоли кишвар беш аз 120 мактабњои ронандагї фаъолият доранд, аммо сатњи дарсгузарї, истифодаи технологияњои муосири ронандатайёркунї ба дараљаи дилхоњ ба роњ монда нашудааст. Таассуфовараш он аст, ки аксари навронандагон малакаи ронадагї надоранд. Ба њамагон маълум аст, ки ронандагї њамчун шуѓли дўстдоштаи њар як нафар мањсуб ёфта, дар баробари иљрои касбу кори мухталиф, инчунин ин њунар касби дуюми аксари сокинони кишвар ба њисоб меравад. Дарвоќеъ, соњиби чунин касб шудан аз инсон масъулияти баланди шањрвандї ва ахлоќиро талаб мекунад. Яъне идора кардани наќлиёт маънои бо ќоида ва тартиботи муќарраршуда пурра шинос будан ва риояи бечунучарои онро дорад. Тањлилњо собит месозанд, ки баъди соњибистиќлолии кишвар имконияти харидани мошинњои сабукрав бевосита аз љониби љавонон хеле зиёд шуда истодааст. Њоло њам барои таъмини фаъолияти самараноки муассисањои таълимии мазкур заминањои асосии ташкиливу њуќуќї, барномањои таълимї, аз љумла барои омода наму-

13

ВОКУНИШ Солњои охир бо сабаби афзоиши бемайлони шумораи воситањои наќлиёт, њолатњои зиёди садамањои наќлиётї ба ќайд гирифта мешаванд, ки як сабаби он дар сатњи нокифоя омода шудани ронандагон дар муассисањои таълимии наќлиётї мебошад.

РОСТИЮ ВАФОРО дани ронандагони сатњи байналмилалї ва бо омўзгорони соњибтаљрибаву воситањои техникии муосир таъмин намудани онњо такмилу таќвият мехоњад. Бояд њар як мактаб бо воситањои зарурї, аз љумла наќлиёти сабукрав, автобус, мотосикл, компютер, воситањои варзишии замонавї, шабакаи бањисобгириву назорати ронандагони љавон, маркази ягонаи иттилоотї ва технологияи навини таълимї таъмин карда шаванд. Њамчунин, татбиќи тартиби думарњилагии имтињонсупорї бо фармоиши Вазири корњои дохилаи ЉТ аз 28 августи соли 2013 тањти №25 тасдиќ шудааст. Яъне, мо имрўз бо истифода аз имкониятњо, усулњои пешќадами таълими ронандагонро амалї бояд кунем. Чунин як Маркази бошукўњ, ки бо ташаббуси Сардори давлат дар шањри Хуљанд ифтитоњ ёфт, фикр мекунем, ба њамаи мушкиливу муаммоњое, ки дар боло зикрашон рафт, посух хоњад гуфт. Маркази инноватсионии омўзиш ва имтињоноти ронандагии мазкур бо харљи беш аз 15 миллион сомонї бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таљњизоти ин соња муљањњаз гардидааст. Дар ин муассиса, ки њамчунин маркази санљиши техникии мошинњои сабукраву боркаш ва майдони варзишии картинг дорад, беш аз 200 нафар бо кори доимї таъмин гардидааст. Њоло омўзиш ва имтињоноти назариявї ва амалии ронандагї мутобиќ бо стандартњои љањонї ба роњ монда шуда, фаъолияти марказ дар њамбастагї бо маќомоти бозрасии давлатии автомобилї ва дар њамоњангї бо барномаи давлатии таъсиси њукумати электронї роњандозї гар-

Хабарњо аз Бадахшон

БА БАЊОР ОМОДАГЇ МЕБИНАНД Дар хољагињои ВМКБ, аз љумла ноњияи Дарвоз ба хотири гирд овардани њосили фаровони ѓалладона, картошкаю сабзавот ва зироатњои дигари бахши кишоварзї заминаи боэътимод гузошта шуд. Тавре аз Раёсати кишоварзии ноњия иттилоъ доданд, дар ноњия беш аз 400 тонна тухмии зироатњои ѓалладона ва 225,5 тонна картошкаи хушсифат захира карда шудааст, ки он нисбат ба њамин давраи соли гузашта 20 дарсад бештар аст. Дењќонон аллакай дар майдони 200 њектор кишти тирамоњї гузарониданд.

ПЕША КУН Ё ХУД ВОКУНИШ БА МАВОДИ ШЕРОЗ ШАРИПОВ "СОЊАИ НАЌЛИЁТ МОНОПОЛИЯ МЕШАВАД"

«Азия плюс» № 95 аз 20. 12. 2013 дидааст. Тамоми дарсњо, имтињонњои назариявї ва њар ду марњилаи санљиши амалии мањорати ронандагї, яъне њам дар майдони таълимї ва њам дар роњњои шањрї тањти назорати камерањои мушоњидавї ва дигар воситањои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ, љараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзњо барои супоридани њар як банду саволи имтињоноти назариявию амалї ва њам бањои умумии довталаб ба њуќуќи ронандагї аз љониби барномаи махсуси компютерї гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани хатоњо дар љараёни имтињонот компютер ба таври автоматї хабар медињад, ки довталаб аз санљиш нагузашт. Барои дар сатњи байналмилалї ба роњ мондани дарсњо ва санљишу имтињоноти ронандагї барои се муассисаи инноватсионии то имрўз фаъолгардида, 250 мошини сабукрав, 30 автобус ва 50 мошини боркаш, ки њар яке барои ин маќсад бо дастгоњу таљњизоти махсуси электронї муљањњаз

мебошанд, харидорї ва дастрас карда шудааст. Дар назди Марказ, њамчунин майдони картингронї низ сохта шудааст, ки барои машќ намудани наврасон ба ин намуди варзиш истифода карда мешавад. Бунёди чунин як маркази бошу кўњро дар минтаќаи шимол ањолии вилоят хуш ќабул намуданд. Дар се моњи соли равон 30 нафар аз имтињонњои ронандагї гузаштанд ва њар яки онњо аз раванди муосири таълим изњори ќаноатмандї намуданд. Маќсад аз ташкили чунин марказ танњо як њадаф аст, ин њам бошад, бењтар намудани сатњ ва сифати касби ронандагї, чунки ин касб бевосита ба таќдири инсон вобастагї дорад. Як амали нољо метавонад риштаи умри чандин нафарро барканад. Аммо дар љомеа нафароне пайдо мешаванд, ки чунин пешравиро нодида мегиранд, мехоњанд бо маќолањои ѓаразноки худ зарбае ба обрўи чунин Марказ зананд. Мо ба мањорати рўзноманигории ќаламкаши љавон Шероз Шарипов, аз нашрияи "Азия плюс" шак надорем. Ў маволњои хубу хонданї омода мекунад. Аммо дар навиштани маводи "Соњаи наќлиёт монополия мешавад" ба саросемагї роњ додааст. Чаро, -савол медињед, -Шумо,- марњамат, мо, ба ин гуфтаи худ посух медињем. Аввал ин ки муаллиф мебоист номњои шахсонеро, ки аз рафти имтињонгирї дар курсњои ронандагї норозигї мекарданд, меовард. Сониян чаро муаллиф ба БДА вилоят ва шањри Конибодом оид ба ин ќазия мурољиат кардаасту натавонистааст аз роњбарияти Маркази омўзишии "Автосантал" бо саволи шарту шароити гузаронидани машќњои ронандагї пурсон шаванд. Яъне, мавод яктарафа бањогузорї карда шудааст. Мо медонем, ки дар шароити гарони иќтисодї супоридани им-

ЭЪТИМОД БА БОНКЊО МЕАФЗОЯД Тавре масъулини шуъбаи минтаќавии Бонки миллии љумњурї дар шањри Хоруѓ иттилоъ доданд, муњољирони мењнатии ВМКБ дар соли 2013 бештар аз 55 миллион доллари амрикоиро барои пайвандонашон интиќол додаанд. Ин раќам нисбат ба соли 2012 зиёдтар аст. Имрўзњо дар шањри Хоруѓ

баробари бонкњои амалкунанда, марказњои хизматрасонии нави бонкї кушода шудаанд, ки яке аз онњо Маркази хизматрасонии "Соњибкорбонк" мебошад. Тибќи иттилои масъулини "Агроинвестбонк" бахусус интиќоли маблаѓ аз мамолики бурунмарзї рўй ба афзоиш дорад.

МАШВАРАТИ КОРМАНДОНИ ФАРЊАНГ Дар маркази ноњияи Рўшон бо ибтикори маъмурияти Маркази эљодиёти халќи вилоят ва китобхонаи вилоятии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї машварати кормандони муассисањои клубу китобхонањои оммавї баргузор гашт, ки дар он мутахассисони собиќадори соњаи фарњанги вилоят ширкат доштанд. Онњо оид ба наќши муассисањои фарњангї љињати боло бурдани сатњи маънавиёти љомеа, наќши китоб дар љањони муосир, њарчи бештар љалб намудани љавонону наврасон ба хониши китоб нуќтаи назари хешро иброз намуданд. Зикр гардид, ки имрўз бо дастгирии Њукумати љумњурї барои рушди соњаи фарњанг, эњёи њунару суннатњои мардумї ањамияти хоса дода мешавад ва имконоти мављударо дар ин самт њарчи хубтару оќилона истифода бояд кард.

тињони ду марњилагї ба љайби шунаванда вазнинї мекунад, аммо тибќи тартиби ќабули имтињонњо барои додани асноди ронандагии њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт дар бозрасии давлатии автомобили вазорати корњои дохилии ЉТ аз 5 августи соли 1998 тањти раќами 306 омадааст, ки марњилаи якуми имтињони амалї дар автодроми автоматонидашуда гузаронида мешавад. Марњилаи дуввуми имтињони амалї дар хатсайри озмоишие, ки мутобиќан аз тарафи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии ЉТ тасдиќ карда шудааст, доир мегардад. Чунин тасдиќномаро алњол дар њудуди вилоят бо назардошти ба њамаи талабот љавобгў будан, Маркази "Автосантал" дорад. Фикр мекунем, ки минбаъд тибќи супориши Президенти кишвар дар шањрњои Конибодом, Панљакент ва Исфара чунин марказњо кушода мешаванд. Дар љои дигари маќола омадааст, ки бо ифтитоњи Маркази омўзиши ронандагии "Автосантал" гўё њамаи "бизнеси" шањодатномаи ронандагї ба дасти ин марказ афтодаасту онро шахси воломаќом идора мекунад. Журналисти муњтарам, магар овоза метавонад, иттилои даќиќ барои љомеа бошад, њол он ки рисолати Шумо њамчун журналист додани иттилои дурусту воќеї ва санљидагї мебошад. Зеро журналистика худ инъикоси воќеъият аст. Пас, кї ба Шумо њуќуќ додааст, ки иттилои носанљидашударо ба мардум расонед! Воќеияти њол ин аст, ки Марказ аз љониби соњибкорон танњо барои ба даст овардани дастмузд бунёд нашудааст, балки сањм гузоштан дар маърифати ронандагї, пешгирї кардани њолатњои коррупсионї ва садаманокї мебошад. Марњамат, давлат ва њукумати ЉТ ба соњибкор��и хурду миёна имконоти бештаре додааст. Агар касе ќудрати чунин Марказ бунёд карданро дорад, давлат шароит медињад. Рушди љомеа дар сурате боло меравад, ки раќобат дар он бошад. Эътмоди комил дорем, ки хонандаи закї худ мўйро аз хамир људо хоњад кард. Дар зењни мо набояд он касе, ки ташаббус нишон медињад, бояд љавобгар бошад. Баръакс, чунин иќдомњоро бояд дастгирї кунем, зеро чунин тадбирандешї ќадами ќатъие њаст барои расидан ба зиндагии осудаву шоиста… Бо таќозои замон илму техника бо суръати том пеш меравад. Дар ин раванд, тавре Сардори давлат зикр кардаанд, яке аз њадафњои асосии Њукумати кишвар мутобиќ гардонидани роњњо ба меъёрњои љањонї, омода намудани мутахассисони хуби соња ва таъмини бехатарии њаракат дар роњњои мошингард мебошад. Ба ин хотир, кушодани маркази муосири омодасозии мутахассисони касбии соња - майдони мошинронї аз иќдоми созандаву сариваќтї ба шумор меравад.

Хуршеди АБДУЛЛО, рўзноманигор

БАРОИ МАРИЗОН ШАРОИТЊО МУЊАЙЁСТ Рушди соњаи тандурустї дар кишвар тањти таваљљуњи пайвастаи роњбарияти давлату Њукумати кишвар ќарор дошта, љињати пешрафти он њамасола маблаѓњои муайяне људо карда мешавад. Сохтмон, таъмир ва азнавсозии дањњо муассисањои табобатию тандурустї дар њудуди шањру ноњияњои вилоят аз тадбирњои амалиест, ки ба рушди соња дар вилоят мусоидат менамоянд. Дар доираи корњои созандагї ва амалисозии "Барномаи миллии њимояи ањолї аз бемории сил дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015" дар маркази вилоят - шањри Хоруѓ бо харљи 4 миллиону 880 њазор сомонї бинои нави беморхонаи вилоятии сил барои 45 кати хоб бунёд гардида, моњи октябри соли 2013-ум бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Бинои кўњнаи ин беморхона, солњои охир барои ќабули беморон ягон шароити мусоиде надошт. Таљњизоти тиббии беморхонаи навбунёд бо маблаѓи 5 миллиону 120 њазор сомонї харидорї карда шуд. Барои маризоне, ки њоло дар беморхона табобат мегиранд, кулли шароитњо муњайё гардонида шудааст.

Лутфишоњи ДОДО


14 (Аввалаш дар шуморањои гузашта)

И

НТИХОБИ љой, мавод ва санъати ќалъасозї дар шароити он давра ќобилияти баланди фикрии муњандисонро талаб мекард. Ба чунин комёбї соњиб шудани санъати муњандисии он давра дар китоби "Тољикон"-и Б. Ѓафуров чунин омадааст: "Муњандисони ќалъасози Осиёи Марказї комёбињои калон ба даст овардаанд. Деворњои рахнанопазири ќалъањо, ки онњоро бурљњои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркашњои сершумор боз њам мустањкамтар мекарданд, санъати ќалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараљаи бењтарин санъати ќалъасозии он давра боло бардошта буданд. Дар водињои Помири ѓарбї Ќањќања ва Ямчун барин ќалъањои азим сохтаанд, ки дар сари роњи асосї воќеъ буданд ва силсилаи истењкомњои дароз муддати бо њамдигар алоќамандро ташкил мекарданд". Ин силсилаистењкомњо дар њарду соњили дарёи Панљ дар масофањои муайян сохта шудаанд. Дар масофаи дукилометрии он тарафи дарё ќалъаи Сияњпушта, Варк, дар ин тарафи соњил ќалъањои Рэн ва Реч ќомат афрохтаанд, ки сохтмони ќисми онњо ба давраи сохтмони ќалъи Ќањќања рост меояд. Вайронањои ќалъањо то замони мо омада рас идаанд. Деворњои ќалъаи Ќањќања дар ќисми шимол 1-2 ва љанубу ѓарб то 6 метр муњофизат ёфта,ќисми љанубии дев ор наќшбандї ёфтааст. Дар хати дарозии девор боќимондаи 56 манораи дидбонї ва садњо тиркашњо муњофизат ёфтаанд. Аз замони гузашта то ба ин рўз расидааст, ки хишти аз гилу коњ рехтаи андозаашон гуногун дар масофаи чанд рўза роњ дар хоки Бадахшони Афѓонистон рехта, бо њамдастии 70 њазор нафари пањлў ба пањлў истода, то ба љои сохтмон кашонида, болои бунёди аз санг сохта, девор шудааст. Њангоми ба охир расидани сохтмон дар љои ѓарамкардаи байни роњќалъаи дигаре ќомат афрохтааст. Таърихи фаъолияти ќалъањои Вахони ќадим нокофтаю нонавишта бошанд њам, аз ёддоштњои сайёњони Чин, асари муаррихон ва наќлу ривоятњои то замони мо расида шањодати онанд, ки дар гузаштаи дур задухўрди байни чинињо ва тибетињо барои соњиб шудани роњи Вахон ба мушоњида мерасад. Сар задани љанги байни арабњо ва тибетињо дар хотираи дарвеши чинї Хой-Чао њангоми соли 729 аз Вахон гузаштанаш, ќайд шудааст. Истодагарии ќалъаи Ќањќања дар љорї шудани дини буддої дар ќаламрави Вахон, љанги байни оташпарастон ва арабњо дар ин ќалъа ба вуќўъ пайвастааст. Ќабристонњои сершуморе, ки то имрўз дар атрофи ќалъа омўхта шудаанд, аз њодисањои он замонњо далолат мекунанд. Аз маълумотњои таърихї бармеояд, ки соли 715 ислом дар саросари Осиёи Марказї пањн шуда, вориди кўњистон мешавад. То ба Вахон омадани Хой-Чао (729) мардуми ин сарзамин саросар эътиќодманди мазњаби њиноянии дини буддої будаанд ва он ба ноњияњои њамсоя пањн нашудааст. Шояд ќалъаи Ќањќања ягона истењкоми мустањками дини зардушт буд, ки ба пањншавии буддизм ба ноњияњои њамсоя, ки аз он ѓарбтар воќеъанд, истодагарї карда тавонист. Дар махазњои таърихї омадааст, ки ислом соли 736 то музофоти Љирми Бадахшони Афѓонистон пањн шудааст ва баъдњо ба водии Вахон, ки бо љангњо анљомид, доман пањн кардааст. Аз наќли то замони мо расида, куввањои арабро Холид ибни Валид сардорї мекард. Яке аз монеае, ки пешорўи ќуввањои араб аз пеш омад, ин ќалъаи Ќањќања дар Намадгут буд. Сардори ќалъа аз Холид ибни Валид омодагии дањрўзаро ба љанг

Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

КИШВАРШИНОСЇ пурсида, сипас ба амалиёти љангї гузашта, ќуввањои арабро ба муњосира мегирад ва танњо яке аз гурезагон ба марказ хабар мерасонад. Саранљоми фатњи калъањои Вахон, ки дар тасарруфи бародарон Ќањќања, (Намадгут) Замри оташпараст (Ямчун), Зангибор (Њисор), хоњарон Зулхумор (Сиёњпушта) ва Зулашам меистод, бо сафарбар шудани ќуввањои иловагї бо ѓалабаи арабњо меанљомад. Аммо амалиётњои љангї идома меёбанд. Оташпарастони шикастхўрда ба паси кўњњои Њиндукуш рафта, аз он љониб муборизаи љангиро бо ќалъаи фатњгардидаи Ќањќања, ки акнун бо номи Кофирќалъа соњиб шуда буд, давом медињанд. Аз таъсири онњо мардуми ба дини ислом воридшуда, дар саргањи дења гурезгоњњо кофта, пинњон мешуданд. Шумораи ин гурезгоњњо то 20 ададро ташкил дода, иддае аз онњо аз ду ошёна иборатанд. Мардум сохтмони ин гурезгоњњоро ба давраи пањншавии ислом мансуб медонанд. Ба муносибати ѓалабаи дини ислом пањлўи ќалъаи Ќањќања зиёратгоњи "Шоњимардон" љой гирифтааст. Он ба номи ќадамгоњи њазрати Алї машњур аст, ки аз рўи ривоят баъди шикасти ќуввањои араб бо сардории Холид ибни Валид ба ин сарзамин омада, ба ѓалаба муваффаќ шудааст. Амалиёти зиёратгоњи Шоњимардон ба давраи пањншавии ислом рост омада,таърихи кўњан дорад. Соли 1838 Љон Вуд сохти зиёратгоњро ба ќалам дода буд. Ин дуюмин ёдгории сарироњии дењаест, ки сайёњон онро мебинанд. Аммо маънои зиёратгоњ доштани дењаро аз давраи дини зардуштиён њисобидан мумкин аст, ки ќалъаи Ќањќања маркази онро дар он ќаламрав ба зимма дошт. Дар ду-панљ километраи шарќии Намадгут дар рўи харсангњо, петроглифњое, ки шумораашон ба 100 мерасад, сабт ёфтаанд, ки олимон П.В. Берштам ва А. Ранов онњоро ба асри VIII мутаалиќ донистаанд. Мазмуни расмњо асосан шикор њисоб меёбад. Дар ќисми ѓарбї ва шимолу шарќи ќалъ а навиштањои рўисангї акс ёфтаанд. Каме болотар аз ин ёдгорињо дар болои кўњпораи дарозиаш сад метраи соњили дарё дар асрњои X-XII ќалъаи Реч сохта шудааст. Мутаассифона, аз он ва тўпхонаи саргањи дења то имрўз осори кам боќї мондааст. Соли 1962 дар њафткилометраи шимолу шарќии дења, дар мавзеи Мизилдигар (манзилгоњ) бо сарварии А. Бобоев ќабристоне кашф гардид, ки он ба асрњои V - VI, давраи Эфталитњо, ки марказаш Бадахшон буд, рост меояд. Дар ин мавзеъ љанге рўйдод гардидааст. Поёнтар аз ќабристон болои кўњпораи азим ќалъачае бо номи духтари љанговар Кабудсор маълум аст. Ќисми деворњои он муњофизат ёфтаанд. Дар халќ наќле пањн шудааст, ки дар мубориза ба муќобили аљнабиён љавондухтарон бо сардории Кабудсор низ барои муњофизат бархестаанд. Ќабристонњои Спедок ва Зерев низ ба илми таърих маълумотњо додаанд. Иншоотњои обёрї, боѓњо, тўпхонаю масљид, маќбарањо, мазорњои ин дењаи дар њаќиќат њам таърихї аз гузаштаи дури диёр маълумот медињанд. Боѓњои зардолузори дења таърихи куњан доранд ва то солњои 60 уми асри ХХ ягона манбаи мева дар ин ноњия њисоб мешуданд. Шояд боѓдорї ба сањифањои таърихи ин ќалъа вобастагї дорад. Дар назди ќалъаи Ямчун њам мављуд будани чанд бех дарахти ноке, ки дар шароити Вахон ягона њисоб меёбад, аз ин шањодат медињад. Дар ќаламрави ноњия маќбарасозї мероси гузаштагон буда, он ба одамони барўманд аз ќабили њомиёни дину мазњаб, ањли илм ва шањидони љанг бахшида мешу д. Дар дењаи Намадгут ин гуна маќбарањо дар панљ љой сохта шудаанд.Солњои 1873-1895 давраи њукумронии амири афѓон Абдурањмонхон дар ќаламрави Бадахшон њисоб меёбад. Забти он бо номи љанги афѓону Бадах-

ОСОРИ ЌАРНЊО ДАР НАМАДГУТ

шон машњур аст. Мардуми Бадахшон барои гирифтани пеши роњи афѓонњо ба муњофизат бархестаанд. Аз љумла, аз дењаи Намадгут ду тан ба љанг рафта, яке аз онњо шањиди ин љанг гардид. То имрўз дар саргањи дења маќбараи љанговар Гулша њифз гаштааст. Њанўз дар асри Х Ал -Истахрї хабар дода буд, ки каме болотар аз Ишкошим дар дараи Зерев мардум ба истењсоли тилло машѓул аст. Дар асри ХХ заминшиносони давраи Шўравї ин манбаъро ба харита дароварданд. Ин рўзњо ��орњои љустуљўї дар омўхтани манбаъњои металлњои дигари нодир дар минтаќа идома дорад. Љўйбори Намадгут- Реч масофаи 12 километрро ташкил медињад.Љўйбор аз баландии зиёд, аз ањди айлокљой, ќисман болои шахњои урён сохта шудааст, ки бо олоту мењнати диловаронаи одамони он замон касро ба њайрат мемонад. Дар самти ѓарбии дења њамворие хобидааст, ки имрўз ба номи дењаи Дашт маълум аст. Дар гузашта ин њамворї беоб буд. Кўшишњои ба кор даровардани заминњои бекорхобидаи он аз доираи имкониятњои мардум берун мемонд. Соли 1902 барои обёрии он аз дараи Зерев ба масофаи 6 километр љўйборе ба кор шурўъ кард, ки он бо мадади яке аз соњибкорони ишкошимї Мирзосулаймон ба охир расид ва солњо Дашту љўйбор бо номи ин мард машњур гардида буд. Асри ХХ њам дар сањифањои таърихи ин дења наќши худро гузошт. Байни солњои 60-70- ум бо маќсади пурра аз худ кардани заминњои Дашт ва селзорњо яке аз иншоотњои калони аср дар Бадахшон канали 24 километраи НамадгутНуд ба кор дароварда шуда, дар заминаи ин канал садњо гектар селзорњо ба замину љангал табдил ёфтанд. Соли 1974 ягона нерўгоњи барќї дар дарёи Панљ дар ин љо ба кор шурўъ кард. Намадгут аз табаддулотњои солњои сиюм берун намонд. Байни солњои 1936-1938 30 нафар фарзандони дења ба мањбас рафта барнагаштанд, ки байни онњо занон низ буданд. Соли 1990 аввалин лўлаи дар кўњистони ором таркида ба ин дења рост омад, ки он аз тарафи ќув-

ваи номаълум аз љануб ба хоки онваќтаи Шўравї фиристода, боиси марги одамон гардид. То замони мо боќї мондани осори асрњои гузашта, бойгарии маънавии мо њисоб меёбад. Кашф кардану дастраси наслњои оянда ва ањли љањон намудани ёдгорињои таърих, гўшањои нотакрори табиат вазифаест, ки бояд машѓулияти њаррўзаи мо бошад. Дар адабиётњои таърихї маълумотњои мукаммал доир ба ањамият, силсилаистењкомњои Вахони ќадим аз љињати илмї омўхта нашудааст. Аз љумла, дар ќалъањо кофтуковњои археологї пеш нарафта, таърихи ин ёдгорињо зери пардаи наќлу ривоятњо нуњуфтааст. Нисфи объектњои таърихї дар соњили чапи дарёи Панљ дар хоки давлати њамсоя ноомўхтаанд, ки он як сањифаи таърихи тољикон њисоб меёбад. Дар ќисми ѓарбии дењаи Дашт аз болои пуштакўњњои Вахон то Њиндукуш девори 6 километрае бунёд ёфтааст, ки он водиро ба ќисмати пањлў таќсим мекард. Пойдевори онро имрўз дар пуштакўњи Вахон њам дучор омадан мумкин аст ва он бо номи "Бахшгоњ" маълум аст. Ба кадом маќсад, аз тарафи кї ва кай сохта шудани ин девор пажўњиши илмии худро мунтазир аст. Сохтани ингуна девор аз доираи ќудрати дењањои хурди мањал ва њатто, мирони Вахону Ишкошим берун аст. Сайёњї дар дохили кишвар ривољи худро таќозо дорад. Ба Ишкошим барои табобату истироњат омадани њамватанони мо њар сол меафзояд. Вале бояд таъкид дошт, ки сайёњдорони Ќирѓизистон хатсайри Помирро беш аз мо мавриди истифода ќарор медињанд. Мо имрўз бояд му-

њофизати ёдгорињои таъриху гўшањои нотакрори табиатро аз солњои пеш дида, бењтар ба роњ монем. Дар ин љода баъзе корњои анљомдода боиси ќаноатмандист. Аз љумла, дар курсу семинарњо тайёр намудани кадрњои ин соња, дар ќалъањо омода сохтани маълумотномањо, сохтани роњи пиёдагард дар дохили ќалъа ва баъзе корњои дигар аз тарафи Ассотсиатсияи Сайёњии Помир (PECTA) анљом дода шудаанд. Аз таъсири атмосферї сол аз сол вайроншавии ќалъаи аз хишти хом сохтаи Ќањќања босуръат давом дорад. Дар натиљаи боришоти бардавом калонтарин манораи ќисми љанубии он фурў рехт. Дар ќисми ѓарбии он наќши деворњо торафт ноайён шуда истодаанд. Солњои дароз љой додани дидбонгоњи сарњадчиён ба муњофизати ќалъа таъсири манфї гузошт ва дар њаќиќат њам, дучори норозигии одилонаи сайёњони хориљї гардид. Сохтмони манзилњои зист, саисхона, партовгоњњо, истифодаи хоку санг барои сохтмон, кандани њандаќњо ба дигаргуншавии мазмуну сохти ќалъа таъсири манфї гузошт ва њоло ки аз тарафи маќомоти њокимияти мањал ин камбудї ислоњ шудааст, он корњои бетаъхири аз љињати илмї барќароркуниро талаб менамояд. Таъмири ќалъа ва омода намудани дигар ёдгорињои таърихии дења, фароњам овардани шароитњо барои сайёњон имконият медињад, ки давомоти ќабули сайёњон ба љойи соатњо ба рўзњои пурра расонда шуда, ба мардуми тањљойї низ аз ин манфиате бирасад.

Одинамањмад МИРЗОЕВ, ноњияи Ишкошим

ПРОСТАДОНТ -ТАЪСИРНОКИАШРО ВАЌТ ИСБОТ КАРДААСТ! 11 УНСУРИ ШИФОБАХШИ ТАБИИИ ОН ТАЪСИРИ ЗИДДИИЛТИЊОБЇ ВА АНТИСЕПТИКИИ БАРЪАЛО ДОРАД. Дар њолатњои зерин истифода мешавад: -простатитњои шадид ва бардавом; -гипертрофия ва аденомаи ѓадуди простата; -атонияи ѓадуди простата дар пасманзари простатити бардавом; -беморињои гурда ва мезакдон; -майли љинсиро зиёд, боњро бењ ва нутфарезии бармањалро хеле камтар мекунад; -диурезро афзоиш медињад, тамоми љисмро боќувват месозад. Истеъмол: 30-рўз, 1-ќошуќчагї, 4-бор дар як рўз бо 100 мл. об 30 даќиќа пеш аз хўрок. Раќами ќайд №001556. (Нархаш 40 сомонї).

АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД!


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

15

ЉАРАЁНИ ИСЛОЊОТИ ЗАМИН

Њукумати Љумњурии Тољикистон барои афзун намудани истењсоли мањсулоти ватанї пайваста тадбир меандешад ва дар ин самт барномањои гуногун тањия ва амалї карда мешаванд. Таи солњои охир дар кишварамон оид ба зиёд кардани истењсоли ѓалла, меваю сабзавот, боѓу токпарварї, рушди чорводорию паррандапарварї ва моњипарварию занбўри асалпарварї барномањои гуногун татбиќ карда шудаанд ва ё татбиќи онњо идома дорад. Њамаи ин бањри бењбудии зиндагии сокинони мамлакат равона гардидааст. Натиљаи сиёсати аграрии њукумат ва татбиќи чунин барномањо аст, ки дар љумњуриамон истењсоли навъњои гуногуни мањсулот зиёд гардида, вазъи рўзгори мардум ба таври назаррас бењ гаштааст. Масалан, дар соли 2013 истењсоли ѓалладона аз 1 миллиону 300 њазор тонна гузашт (мувофиќи маълумоти фаврї то моњи декабр). Истењсоли танњо гандум бошад, ба 962 њазор тонна расидааст. Ин имкон медињад, ки нархи орд ва мањсулоти аз он тайёргашта дар сатњи муайян нигоњ дошта шавад. Соли гузашта дар љумњуриамон истењсоли ќариб њамаи навъњои мањсулот аз 3 то 19 фоиз нисбат ба соли 2012 афзуд. Мас алан, картошка бештар аз миллион тонна истењсол карда шуд, ки назар ба соли гузашта 110 њазор тонна зиёд аст. Маълум аст, ки фаровонии мањсулот, махсусан, меваю сабзавот дар бозорњои кишварамон аз зањмати дењќонон вобаста мебошад. Дар њаќиќат чунин њам њаст. Сол аз сол истењсоли мањсулот меафзояд ва ин нишони он аст, ки дењќонон барои бештар истењсол кардани мањсулот аз имконияташон зиёдтар истифода мебаранд. Дар баробари ин, мушоњида мекунем, ки дар бозорњои љумњуриамон

БОЗОР ВА ХОЉАГИЊОИ ДЕЊЌОНЇ:

МУШКИЛОТИ ТАШАККУЛЁБИИ НАРХИ МАЊСУЛОТ нархи мањсулот майл ба пастравї надорад, баръакс њар сол нархи сабзавоту мева меафзояд. Ба ѓайр аз ин, аз хориљи кишвар њам меваю сабзавоти зиёд ворид мегардад. Чаро ин тавр? Магар дењќонони мо наметавонанд бозорро бо мањсулоти истењсоли худї пурра таъмин кунанд? Охир, як миллион тонна картошка бояд ба сокинони мамлакат расад, боз чи зарур аст, ки онро аз хориља ворид кунем? Дар кишварамон ислоњоти замин ва хољагидорї идома дорад. Дар заминаи хољагињои калони коллективї ва кооперативњои истењсолї хољагињои дењќонии оилавию инфиродї ташкил карда шуда истодаанд. Тибќи маълумотњо њоло дар љумњурї бештар аз 125 њазор хољагї ба ќайд гирифта шудааст, ки аксари онњо хољагињои хурди оилавї ё инфиродї мебошанд ва сањми онњо сол аз сол дар истењсолоти кишоварзї меафзояд. Масалан, бештар аз 65 фоизи ѓалладона, 47 фоизи картошка, 40 фоизи сабзавот ва 63 фоизи мањсулоти полезиро дар соли 2013 мањз хољагињои дењќонї истењсол кардаанд. Маълум, ки хољагињои навташкил мушкилоти зиёд доранд ва наметавонанд якбора аз зироат њосили фаровон рўёнанд. Бояд ќайд кард, ки хољагињои пештар ташкилшудаи дењќонї аллакай, аз техника ва технологияи њозиразамон истифода бурда, истењсоли мањсулотро афзудаанд ва аз љињати иќтисодї низ пурќувват мешаванд, аммо аксари хољагињои навташкили оилавию инфиродї аз бисёр љињат бо мушкилот рў ба рў гаштаанд. Новобаста аз мушкилот барои

пешрафт талош доранд ва истењсолотро таќвият мебахшанд. Аз љумла, аксар дењќонони минтаќаи Рашт дар парвариши картошка ва истењсоли мева таљрибаи зиёд дошта, баъди ташкил кардани хољагии мустаќили дењќонї низ ба инкишоф додани ин соњањо диќќати хоса медињанд. Масалан, хољагии дењќонии "Лочин" дар љамоати дењоти Муксуи ноњияи Љиргатол соли 2000-ум ташкил шудааст. Хољагї 18 га замин дорад. Самтњои асосии фаъолияти хољагии дењќонї ин картошкапаварї, ѓаллакорї, чорводорї ва занбўри асалпарварї мебошад. Бо њисоби миёна њосилнокї аз 1 га замини картошка 280300 сентнериро ташкил медињад. Њољагии дењќонї 1кг картошкаро дар сари замин 1,3 сомонї ва 1 кг асали хушсифатро 25 сомонї ба фурўш бароварда, њар сол 45,0-50,0 њазор сомонї даромади софи иќтисодї ба даст меорад. Нарасидани обњои полезї дар мавсими обдињї ва нарасидани тухмињои хушсифати серњосил, гаронии нархи нурињои минералї, зањрхимикатњо ва сўзишвории техникї аз мушкилоти асосии хољагї ба шумор меравад. Хољагии дењќонии "Эшон" соли 1998 дар љамоати дењоти ноњияи Рашт ташкил шуда, 2 га замин дорад, ки аз он 1 га обї ва 1 га лалмї мебошад. Дар хољагї 4 нафар кор мекунанд. Њангоми љамъ оварии њосил коргарони мавсимї низ љалб карда мешаванд. Ањли зањмати хољагї њар сол а�� замини обии картошка ба миќдори 300-330 сентнер њосил мерўёнанд. Аз замин ба миќдори 45-50 сентнер њосили

гандум рўёнда мешавад. Хољагї њар сол аз 50 то 70 њазор сомонї даромади соф ба даст меорад. Мушкилоти асосии хољагї нарасидани обњои полезї дар мавсими обдињї ва гарон будани нархи тухмии картошка мебошад. Дар дигар минтаќањо низ хољагињои зиёди дењќонї хуб фаъолият доранд. Масалан, хољагии дењќонии "Файзбахш" аз ноњияи Данѓара, соли 2003 ташкил шуда, 29 нафар сањмдор дорад. Ањли зањмати хољагї ба парвариши пахта, ѓалла, картошка, сабзавот ва ѓайра машѓуланд. Дењќонони хољагї њар сол ба њисоби миёна аз њар гектар картошка 210 сентнерї, аз пиёз 300 сентнерї њосил мерўёнанд. Аз пахта низ 3035 сентнерї њосил рўёнда мешавад. Даромади софи солонаи хољагї 4050 њазор сомониро ташкил мекунад. Мушкилоти асосии хољагї мављуд набудани бозори ягонаи фурўши пахта мебошад. Дар ноњияи Ќумсангир хољагии дењќонии "Давлатманд" соли 2010 ташкил шуда, 11 га замин дорад. Шумораи аъзоёни хољагии дењќонї 11 нафар буда, аз замин соли гузашта њосили фаровон рўёнданд. Њосилнокї аз 1 га замини пахта 40-45 сентнерї, ѓалладона - 60 сентнерї, тарбуз 250 сентнерро ташкил дод. Хољагии дењќонї дар кишти дуюм зироати љуворимакка кишт кард. Њосилнокии замини картошка бошад, 250-300 сентнерро ташкил медињад. Хољагї сабзавот ва полезиро асосан аз сари замин ба фурўш мебарорад. Имрўз дар љумњурї чунин хољагињо зиёданд, вале на њамаи онњо

имкон доранд, ки аз замину об дуруст истифода баранд. Аз гуфтањои сарварони хољагињо маълум мегардад, ки мушкилот дар хољагидорї њанўз зиёд аст. Махсусан, ќимат будани сўзишворї, нурињои минералї ва зањрдоруњо, инчунин кам будани техника ва норасоии оби обёрї боиси ташвиши њар як хољагидор гаштааст. Њангоми оѓози кишту кори бањорї аксар хољагињо аз норасоии маблаѓ низ дар азобанд ва наметавонанд маводи заруриро сариваќт дастрас кунанд. Њамаи ин ба арзиши аслии мањсулот таъсири бевосита дорад. Новобаста аз мушкилот, аксар хољагињо мањсулоташонро аз сари замин ба фурўш мебароранд. Маълум, ки харидорон миёнаравњоянд. Дар натиљаи аз даст ба даст гузаштан, арзиши мањсулот 2 ва гоњо 3 баробар меафзояд. Барои рушди бонизоми истењсолоти кишоварзї ва кўмак расондан ба дењќонон чанд масъалаи муњимро бояд њал кард. Якум, дар ноњияњо ташкил кардани дўконњои фурўши тухмии хушсифати сабзавот ва зањрдоруњо. Дуюм, ташкил кардани марказњои хизматрасонии техникї. Сеюм, бењтар кардани таъмини хољагињо бо оби обёрї.Чорум, ташкили хариди мањсулоти тайёр. Кўмак кардан ба хољагињои дењќонї, имкон медињад, ки хољагињо мушкилоти љойдоштаро бартараф намуда, бозорро бо мањсулоти истењсоли ватанї бештар таъмин намоянд ва нархи мањсулот поён равад.

М. ЌУРБОНОВА

Донишатро бисанљ... Номи пешинаи Истаравшан

Мувофиќ, созгор

Воњиди вазн Љавоби «СКАНВОРД»-и шумораи 9 январи соли 2014, №2 (929)

Ф О Л К Л О обдор Б Варами Е да И Л И ЛаънатшуО С Н Л А И Н Ором гирифТ О А Т О тан И О В А З А Р И Ф О А Н Ќ Р О Т О Р О А Ѓ Б Д У Р Н Т З Ш О Г И Р Љоду, О Л Е И афсун Т Р С Е Њ

Эљодиёти дањанакии халќро меомўзад

Актёри рус («Д жентльмены удачи»)

Мунтазир

Д арё да р Чин ва Ќазоќист он

Зулфия …, шоираи тољик

Ибодат

Васоити ахбори омма

Шўхтабъ

А р ўси С иё вуш ("Ш о њн ом а")

Мурѓи афсонавї

Дастаи футболи Волгогради Русия

Сифати масофа

Чароѓи поядори рўифаршї

Анзоб, Шаршар ё Фахробод

Истењкоми сўр охдор бар ои п улемёт

Нидо и мухлиси футб ол

Р Ш И Н У Д А усто С Коргоњи Т А Н О Мошини љангї Х Р О О Н А М А А Р Д З садО Ќарн, сола Р А

Њунаромўз

Мошини љангї

Њисс ач аи ишо р атии ла њљ авї

C r, унсури кимиёвї

С арњад

Рутубатнок, тар

Олати ќатл

Яке аз чор амали риёзї

Њуљљати расмї

Либоси зимистонаи миллї

Н О С Ч А К Саломатї, тандурустї И А НоР тавонї, Н Њ И Н сустї А О Ч А Асно, А Љ З маврид, К Т ваќт Мо- А там О Љ И З Й Нотавон, ноилољ М А Б З И М Р У З О Муќобили «дирўз» Р О С Т Л И С А И Дарахти мевадор Е Н О Т А Р Б О Р Њиссачаи С инкорї, Н О Р не Р И З А А Аробаи «лижа дор»

Нобарорї

Модар (лањља)

Киса

Унсури радиоактиви к имиёвї

Љои холї дар аввали сатр

Ќ ањ ра мо н и афс он аи Л. К э рр о лл

Дурустї

Шабона медурахшад

Хояндаи «љомашўй»-и бешањои рус

Њаммаънои орзу

Мева

М А Н О Н И С И Р Э П И О А Т С

Муми роњ

Дорої, сарват

Дурустї

Тамѓаи Кўрнамак, мошини боркаш ношу кр

Гурўњи эстрадии тољи к

Рўи њамвори чизе

Равияи замонавии мусиќ ї

"... Новости"

Насл

Сер гей ..., шо ир и љавон мар ги рус

Ранг барои мижа

Мошини аввалини шў равї

Таърифкунанда

И Е М И С О Е М О Н А И Т О Н Моддаи кимиёвї

Санљиш дар лаборатори я

Бањра, њисса

Баландии садо

Муќобили «пурсиш»

Зарурат, эњтиёљ, мўњтољї

Пешвоз гирифтан

Раќси дунафара

Либоси пашмини дарвешон

Пайвандаки хилофї

Њарфи алифбои арабї

Њалвогар, ширинипаз Садбарг ё лола

Шавла

Шањри ќадимаи арманї

Дарё дар Тољикистон

«…и ту бувад …и хонадони мо» (гимн)

Ченаки дарозии англисї, 91,4 см Илм дар бораи моши нњо

Захм, яра

Баба … аз афсонањои русї

Забони сунъї

Шикоят

Бечиз, нодор

Дарбењ

Њокими Аломутлаќ, шаќшаќа шоњ

Аспбон

Ранљ, ѓам

Душмани бузу гўсфанд

Муњаббат, шефтагї

Муќобили «таќсим»

Майдон, њавлї

Ченаки англисии масоњати замин

Виктор ..., адиби Фаронса

Пешвої, роњбарии дин ї

Буѓї Шохо- Шамшер, табар ва би чапи дар доДнепр ранд

Яке аз персонажњои "Шоњнома"

Дўст шудан … гирифтан

Яроќи Калашников

Ов озхон аз Суѓд Фир уза …


Минбари халќ 16 январи соли 2014 №3 (930)

16 Њунаристон

ПАРВИЗ ПЎЛОДЇ:

САНЪАТИ АСИЛРО

МЕПИСАНДАМ Парвиз Пўлодї 12-уми феврали соли 1971 дар Ќалъаи ноњияи Њисор дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Ваќте ки дар синфи 5-ум тањсил мекард, ў бо њунарманди хушсадо ва хунёгари бењамто Кароматуллоњи Ќурбон ошно шуд. Кароматуллои Ќурбон Парвиз Пўлодиро ба шогирдї пазируфт ва нозукињои санъати эстрадаро ба ў омўхт. Аз овони тифлї орзуи актёри театр ва кино шуданро дар дил мепарварид ва њамин орзу ўро ба омўзишгоњи олии њунарии ба номи М. С. Щепкини шањри Маскав овард. Соли 1992 донишкадаи мазкурро хатм намуда, ба Театри давлатии љавонон ба номи М. Воњидов ба фаъолият шурўъ намуд, баъдан, ба Филармонияи давлатии Тољикистон ба кор гузашта, њамзамон, ба њайси овозхони ансамбли давлатии раќсии "Лола"-и филармонияи давлатї ва ансамбли "Сипар"-и ВКД кору фаъолият намудааст. Мавсуф аз санаи 24 сентябри соли 2010 ба њайси мудири шуъбаи фарњанги ноњияи Њисор фаъолият мекунад. Барандаи Љоизаи ЉТ, Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон, соли 2012 бошад, бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст. Атрофи фарњангу мусиќї бо эшон суњбате анљом додем, ки инак, пешкашатон мегардад.

- Мехостам суњбати худро нахуст аз ин суол оѓоз кунам, ки имрўз дар доирањои мухталиф зиёд мавриди бањс ќарор мегирад. Лутфан бигўед, ки мусиќии имрўза ба андешаи шумо дар кадом поя ќарор дорад? -Бале, хеле суоли бањсомез аст… Дар баробари дастгоњњои сифати сабташон баланди дорои стандартњои љањонї, ки ба кишвари мо ворид мегарданд, санъату њунари барои мо бегонаи хориљї низ дари моро мекўбад. Њамин боис гардидааст, ки мусиќии мо асолати миллии худро рўз аз рўз гум карда истодааст, ки он боиси нигаронист. Бинобар ворид шудани санъати аљнабиён ва хусусан реша давонидан, дар байни љавонон мањбубият пайдо намудани репсарої завќи љавонон зина ба зина поён меравад ва дигар матни асил маќоми худро дар суруду тарона аз даст медињад. Метарсам рўзе меояду мазмуну муњтавои шеърњои шоирони оламшумули классики тољик ва шоирони забардасти муосир барои љавонони мо бегонаву номафњум шуда мемонад. Бубинед, имрўз љавонони мо кадом сурудњоро замзама мекунанду, зери кадом оњангњо мераќсанд. Агар вазифаи шеъру суруд ва оњангу мусиќии дилнишин ба маънии томаш тарбияи насли инсон бошад, оё реп њамин рисолатро анљом дода метавонад? Гумон мекунам, баръакс, ахлоќи љомеаро комилан ботил месозад… -Дуруст гуфтед устод, бахусус ваќте ба хотир орем, ки мардуми яњудї барои рушди санъати тољик чї корњо карданду мо имрўз чї мекунем …. -Бале, хеле аламовар аст… Яњудињо ошиќи шеъру мусиќии тољик буданд. То њанўз фарзандони эшон дар Амрикову Исроил суруди тољикї мехонанду дар њавои мусиќии тољикї мераќсанд. Замоне ки дар Тољикистон зиндагонї мекарданд, барои рушду такомули санъати мардуми мо воќеан њам сањми босазо доштанд. Хусусан,

барои нигањдории асолати санъати шашмаќом Нерё Аминов, Борис Наматиев, Барно Исњоќова, Шоиста Муллољонова, Бобохонов, Муллоќандов, Авром Толмасов… хизматњои шоиста кардаанд. Шогирдони дойранавози моњир Ало Алоев то ба имрўз сабку услуби хоси ўро поянда нигоњ медоранд. Малика Ќаландарова бошад, раќси зебои тољикро дар љањон машњур кард, Борис Кимёгаров бо як силсилафилмњои муассираш санъати кинои тољикро шуњратёр намудааст. Вале њайфи мо, ки имрўз бадтарин намунањои "псевдосанъати" ѓарбро, ки аз лињози ахлоќї куллан харобу вайрон аст, таблиѓ мекунем. -Шуморо ба њайси бастакор низ мешиносанд. Бештар барои офаридани оњанг аз кадом асбобњои мусиќї истифода мебаред? -Барои офаридани оњанг бештар аз фортепиано истифода мебарам, вале дустдоштатарин асбоби мусиќии аврупої бароям аккордеон аст. Асбобњои миллиро низ зиёд дўст медорам ва дар лањзањои фориѓ аз кор най, ѓижак, дутор, рубобу танбур менавозам. Садои дилнишини онњо ба ман аз њунару санъати волои ниёгон ривоят мекунанд. Гумон мекунам, ки миллати мо яке аз њунармандтарин ��иллатњои дунёст, ки ба рушди мусиќии љањонї таъсири амиќ гузоштааст. -Ба кадом услуби мусиќї бештар таваљљуњ доред? -Тамоми му сиќањои х убу асилро эътироф мекунам. Услубњои халќї, классикї, симфонї ва эстрада бароям хеле писанданд. Њар кадом ин жанрњо дар алоњидагї дар ќалби ман љойи худро доранд ва таваљљуњи маро ба худ мекашанд. Суруду мусиќии асил ќудрати тавоноеро соњиб аст, ки новобаста аз жанру услуб ва забон метавонад, ки дили миллату ќавмњои гуногунро тасхир созад. - Ташаккур барои суњбати пурмўњтаво!

Суњбаторо Фирўза ГАЛИМОВА

ЧИСТОТЕЛ - Малњами навчидаи гиёњї

АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД! Раќами ќайд №001562 Истењсолкунанда Руссия

КРИШТИАН РОНАЛДО БЕЊТАРИН БОЗИГАРИ СОЛ 13 январи соли 2014, баъд аз њисоби раъйњои мураббињо ва дигар масъулини дастањои мунтахаби миллї Криштиан Роналдо, њамлагари португалии клуби "Реал"-и Мадрид бењтарин футболбози соли 2013-и љањон эълон шуд. Федератсияи љањонии футбол (ФИФА) дар шањри Сюрихи Швейтсария ба Криштиан Роналдо тўби тиллоиро таќдим кард. Футболбози маъруф Лионел Мессї аз "Барселона" барандаи унвони бењтарини футболбози љањон дар чањор соли

Дар њайати роњбарикунандаи дастаи "Истиќлол"-и Душанбе таѓйирот ба амал омад. Тавре аз клуби футболи "Истиќлол" хабар доданд, бо ќарори роњбарияти клуб сармураббии даста Олег Ширинбеков аз вазифа озод гардид. Акнун ин вазифа ба уњдаи Мубин Эргашев, собиќ сармураббии дастаи "Хуљанд"-и Хуљанд вогузор шуд. Сомонаи клуби футболи "Истиќлол" аз ќавли раиси клуб Шоњрух Саидов навиштааст, ки Олег Ширинбеков бо сабаби набаромадан аз уњдаи вазифаи дар наздаш гузошташуда, яъне ќањрамони кишвар нашудани даста ва надоштани иљозатномаи дараљаи "А" аз вазифа сабукдўш гардид. Аз дигар тараф, тибќи ќарори Федератсияи футболи Тољикистон, минбаъд ба клубњои лигаи олии кишвар мураббиёне роњбарї мекунанд, ки иљозатномаи дараљаи "А" дошта бошанд. Олег Ширинбеков бошад, иљозатномаи дараљаи "Б" дорад. Роњбарияти клуби "Истиќлол" ба Олег Ширинбеков барои зањматњояш изњори миннатдорї баён кард. Бо њамин шартномаи дуљониба бо розигии тарафњо бекор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дастпарва-

Ширкати илмию истењсолии Руссия воситаи нодиреро коркард намудааст, бо номи ТАНАКСОЛ , ки он аз љамъи гиёњњо (пижма, полын, тысячелистник, девясил) иборат буда њангоми беморињои паразитї ва сироятї (лямблиоз, амебиоз, аскаридоз, энтеробиоз,) истифода бурда мешавад. -Ба њоли имрўз воситаи аз њама самараноки зидди лямблиоз барои кўдакон ва калонсолон мањсуб меёбад. Дар њолатњои шидати дард, Танаксолро якљоя бо дигар воситањои синтетикии зидди ихрољ истифода бояд бурд. Танаксол таъсири манфии доруњои синтетикиро кам мекунад. Тарзи истифодабарї: Кўдакони аз 1 сола 1/6ќ, аз 2 то 7 сола 1/3ќ, аз 7 то 12 сола 2/3ќ, аз 12 сола боло аз 1 то 2 ќошуќча рўзе 3 маротиба, 20 даќиќа пас аз хўрок. Давомнокї: аз 7 то 14 рўз, барои калонсолон то 30 рўз. Рег№000678 АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД!

Рўзнома моњи декабри соли 1994 тањти раќами 309 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Сармуњаррир Бахтиёр ЊАМДАМОВ

ÁÀÐÎÈ ÌÀÚËÓÌÎÒ: Дастгоњи КИМ ЊХДТ Идораи рўзнома тел: 224-23-90, 224-83-72, 224-49-29, 221-63-21. факс: 224-27-59

www.tribun.tj

тел. 238-72-10, 238-54-61, 238-79-07, факс: 227-44-94

E-mail: minbarihalk@bk.ru

ри футболи тољик Олег Ширинбекови 50-сола баъди дастаи "Помир"-и Душанбе дар њайати тими "Торпедо"и Маскав бозї кардааст. Ў моњи июли соли гузашта сармураббии дастаи "Истиќлол" таъин шуда буд. Тањти роњбарии вай даста дар мавсими соли 2013 соњиби медалњои нуќра ва Љоми Тољикистон гардид. Мураббии хизматнишондодаи Тољикистон Мубин Эргашеви 40сола бошад, шогирди мактаби футболи кўдакону љавонони ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) аст. Ў соли 2004 ба сифати бозигар аз майдон рафт. Мактаби олии мураббиёни шањри Маскавро хатм карда, соњиби муљавизи дараљаи "А"-и УЕФА мебошад. Чемпиони секаратаи Тољикистон (солњои 2009, 2010, 2011) ба сифати сармураббї дар дастањои ССКА "Помир"-и Душанбе, "Гвардия"-и Душанбе, "Вахш"-и Ќўрѓонтеппа ва "Хуљанд"-и Њуљанд кор кардааст. Њамзамон аз клуби футболи "Истиќлол" хабар доданд, ки дарвозабони дастаи мунтахаби Тољикистон Аслиддин Њабибуллоев ёвари Мубин Эргашев, сармураббии тими "Истиќлол" таъин шуд.

Алиљон ЉЎРАЕВ

ЭЪТИБОР НАДОРАД Паспорти хориљии серияи №TR 041491, ки ба шањрванди Љумњурии Исломии Афѓонистон Муњаммад Юнус, Муњаммад Ѓафс дар санаи 26.01.2006 дар шањри Мазори Шариф дода шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. *** Дипломи ДТО №0003694, ки соли 2005 (раќами ќайд 2061 ) Донишкадаи соњибкорї ва хизмат ба Муњамадиева Сурайё Асалмуродовна додааст, бинобар сабаби гум шуданаш, эътибор надорад. *** Шартномаи гумшудаи туњфаи ќисми њавлї бо фењристи Д-193, ки санаи 1 октябри соли 1976 Идораи 3-юми нотариалии давлатии шањри Душанбе оид ба суроѓаи ш. Душанбе, кўчаи Ломоносов , хонаи №15 ба номи Муродов Абдурањмон додааст, эътибор надорад.

Муовини сармуњаррир оид ба тиљорат: Хусрав Дўстов

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома зимнан метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад.

гузашта ва Фрэнк Риберї, аз Фаронса аз номзадњои асосї барои дарёфти ин унвон буданд. Ёдовар мешавем, чањор соли охир Леонел Мессї соњиби ин љоизаи бонуфузи олами футбол шудааст. Криштиан Роналдо фаќат як бор - соли 2008 соњиби "Тўби тиллої" гардида буд. Аммо Фрэнк Риберї бори аввал ба фењристи се довталаби "Тўби тиллої" шомил шуд. Дар ин маросим њамчунин Юпп Хайнкес, сармурабии пешини "Бавария" ба унвони бењтарин мураббии сол муаррифї шуд.

МУБИН ЭРГАШЕВ - САРМУРАББИИ «ИСТИЌЛОЛ»

ТАНАКСОЛ - бар зидди ихрољи ЛЯМБЛИЙ !

-ДАРДРО ТАСКИН МЕДИЊАД, ЗАХМЊОРО ШИФО МЕБАХШАД. -њамагуна намуд варамњои безарари пайдошуда дар пўст, озахм, папилломањо, ва экземањо (малњамро ба љои осебдида молед. Дар рўю бадан 8-10 даќиќа), - пучакњо, панаритсийњо(ним ќошуќча малњамро дар 100 мл. об омехта тампони докагиро ба он тар кунед ва дар љои бемор ба муддати 5-10 даќиќа гузоред), - хоришак ва сили пўст ( 2 ќошуќ малњамро дар 100 мл. об омехта онро ба ванна резед ва хуб омехта кунед). Бартарии малњами (бальзам) ЧИСТОТЕЛ аз ЧИСТОТЕЛИ-спиртї дар он аст, ки баъди истифода- ягон доѓе боќї намемонад.

Варзиш

Котиби масъул: Маъруфљон Мањмудов Муњаррири масъул: Шариф Њусейнов Хабарнигорон: Љумъа Ќуддус, Алиљон Љўраев, Толиби Луќмон, Аслия Саломатшоева, Моњрухсор Рањимова Масъули чоп: Мирзоалї Юнусов Њуруфчинон: Љамила Ањмадова, Гуландом Раљабова Мусањњењ: Сабоњат Худоёрбекова, Суратгир: Тўхтамурод Рўзиев Сањифабанд: Фирдавс Таушаров

НИШОНИИ МО: 734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозї, 16. Индекси обуна: 68910 Макони чоп: нашриёти «Шарќи озод». Теъдоди нашр: 49293 нусха Навбатдор:

Толиби Луќмон


Минбар 2014 (3)