Issuu on Google+

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Барои созандагї ва рушди босуботи Тољикистон

10 апрели соли 2014, панљшанбе, №15 (942)

www.minbari.halk.tj www.tribun.tj E-mail: E-mail: minbarihalk@hhdt.tj minbarihalk@bk.ru

НАШРИЯИ МАРКАЗИИ ЊИЗБИ ХАЛЌИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЉИКИСТОН

РАВАНДИ МУОСИРИ СИЁСЇ Тарбияи ватандўстї рукни асосии сиёсати давлатии љавонон мањсуб мегардад. Баланд бардоштани эњсоси ватандўстии љавонон, равнаќи худшиносиву худогоњї ва ифтихори миллии онњо дар шароити соњибистиќлолии мамлакат яке аз омилњои тањкиму таќвият бахшидани истиќлолият ва муњимтарин фишанги њаракатдињандаи пешрафти љомеа мебошад. Бо дарки ин нукта маќомоти роњбарии мамлакат, пеш аз њама Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар ин љода тадбирњои муњиму маќсаднок андешида, шароити мусоид фароњам меоварад. Агар ба баромаду суханронињои Сарвари мамлакат бо љавонон таваљљуњ намоем, мазмуну муњтавои асосии онњоро ѓояњои ватандўстї, худшиносиву худогоњї ва вањдату ягонагии мардуми Тољикистон ташкил медињанд. Њанўз таърихи 7 апрели соли 1995 Сарвари давлат зимни баромади хеш дар иљлосияи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид намуда буданд, ки: "Њалли вазифањои мураккаби таъмини истиќлолияти воќеъии давлат имрўз аз бисёр љињат ба эњсоси ватандўстии умумимиллї, муттањидии тамоми ќуввањои љамъият вобаста аст".

ВА ТАРБИЯИ ЊУВИЯТИ МИЛЛИИ ЉАВОНОН

ё чї гуна арзишњои миллї ва ватандўстиро дар нињоди љавонон тарбия кунем?

сањ.5

Њаёти њизб

Минтаќа

Нигаронї

МУЛОЌОТ БО КОТИБИ САФОРАТИ ИМА

Чашмандоз

ЧАРО НАРХИ 1КГ КАРТОШКА

БА 1$ БАРОБАР ШУД?

АФЃОНИСТОН:

сањ. 3

ÈÍÒÈÕÎÁÎÒ ÂÀ ÍÎÊÎÌÈÈ ÒÎËÈÁÎÍ

сањ. 6

Эътирози оммавї сабаби истеъфо

сањ. 7

сањ. 12


2

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

МАШВАРАТИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БО ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУЃД

6 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо роњбарияту фаъолони вилояти Суѓд ва шањру ноњияњои он машварати корї анљом дод.

Дар машварат масоили вобаста ба рушди иљтимоию иќтисодии вилоят, афзун намудани истењсолоти саноатию кишоварзї, иљрои буљети давлатї ва дигар мавзўъњои мавриди таваљљуњ баррасї шуд. Дар оѓози машварат њисоботи раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї доир ба натиљањои фаъолият дар семоњаи якуми соли равон шунида шуд. Аз љумла зикр гардид, ки истењсоли мањсулоти саноатї 8% ва кишоварзї 6% нисбат ба њамин давраи соли гузашта афзун гардид. Дар муњлати њисоботї 28 корхонаи нави саноатї сохта ба кор дароварда шудааст. Дар се моњ ба маблаѓи 1 миллиард сомонї мањсулоти саноатї истењсол шуда, ин нишондод, тибќи наќша то охири сол ба 5 миллиард сомонї бояд расонда шавад. Навсозии роњњои мошингард дар њамаи шањру ноњияњои

вилоят ављ гирифтааст. Аз љумла, дар шањри Хуљанд ин кор то охири соли равон анљом хоњад ёфт. Наќшаи киштукори бањорї, аз љумла кишти пахта то 15 апрел ба анљом мерасад.

Дар се моњ 372,4 миллион сомонї андоз љамъоварї шудааст, ки ин баробари 105 фоизи наќша мебошад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба ташаббускорони ташкили маркази таълимию истењсолии ќолинбофї ва

гулдўзию зардўзї дар шањри Хуљанд арзи сипосу ќадрдонї карда, таъкид дошт, ки ин гуна муассисањо дар тамоми шањру ноњияњои вилоят ва њам љумњурї таъсис дода шаванд. Бо бањои баланд додан ба таъсисдињандагони корхонањои коркарди ширу гўшт дар шањри Хуљанд таъкид гардид, ки чунин корхонањо низ бо љалб ва њавасмандсозии соњибкорони ватанї дар тамоми шањру ноњияњо сохта, ба кор дароварда шаванд. Супоришњои мушаххас, њамчунин доир ба тезондани киштукори бањорї, омодагї ба кишти такрорї, афзун намудани њосилнокии пахта, ѓалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатњои кишоварзї, ба ин васила афзун намудани њаљми истењсоли мањсулоти ин соња, бунёди корхонањои нави саноатї, муњайёсозии љойњои иловагии корї, љамъоварии маблаѓи барќи истифодашуда, њалли мушкилоти мављуда дар соњањои маориф, тандурустї, фарњанг, дастгирии табаќањои ниёзманди ањолї, мубориза бо љинояту љинояткорї ва ифротгарої, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи њисси ватандўстию худшиносии љавонон дода шуд.

СУЃД: МУЛОЌОТИ РОЊБАРИ ДАВЛАТ БО ЉАВОНОНИ ЛАЁЌАТМАНД Таърихи 4 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар ќасри фарњангии Арбоби шањри Хуљанд бо намояндагони љавонони лаёќатманди вилояти Суѓд мулоќот намуд.

Дар мулоќот масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таљњизонидани муассисањои тањсилотї, тарѓиби варзишгарї ва тарзи њаёти солим, пешгирии љавонон аз љинояту љинояткорї ва аз гароиш ба равияњои хатарноки ифротї, баланд бардоштани масъулияти рањнамоии волидону омўзгорон ва кулли ањли љомеа ва њамчунин роњњои таќвият бахшидани

њисси ватандўстї, инсондўстї ва ифтихору сарфарозї аз таъриху фарњанги бостонї ва давлатдории мустаќили миллї баррасї шуд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон Тољикистонро "кишвари љавонон" номида, изњор дошт: "Мо орзуманди онем, ки шумо њамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва нерўи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халќи бузургвори мост".

Бо ёдоварї аз бунёду навсозии муассисањои сершумори таълимї, фарњангї, варзишї ва ѓайра таъкид гардид, ки наврасону љавонони кишвар бояд имконоти муосири муњайёнамудаи давлати соњибистиќлоли худро пурсамар истифода бурда, кадрњои ояндасози Тољикистони азиз гарданд. Тавре зикр гардид, танњо тайи солњои 2011-2013 дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд беш аз 300 иншооти варзишї, аз љумла 5 варзишгоњ, маљмаањои варзишї, њавзњои шиноварї ва толору майдончањои ин соња сохта ё тармим карда шудаанд. Бо таваљљуњ ба зарурати пешгирии баъзе љавонон аз гумроњї ва аз гароиши онњо ба њаракату равияњои бегонаю ифротї таъкид гардид: "Сохторњои

дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва дар маљмўъ њамаи ањли љомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуњуроти номатлуб бетарафї зоњир накарда, дар ин самт чорањои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд". Њамзамон изњори боварї карда шуд, ки "љавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараќќиёти Тољикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон зањмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медињанд". Пас аз суханронї миёни Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ва ањли толор мањфили озоду ошкорои пурсишу посух ва табодули андешањо љараён гирифт.


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Муовини Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон Асрор Латипов бо котиби якуми сафорати Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон оид ба масъалањои сиёсї ва иќтисодї љаноби Николас Катсакис мулоќот анљом дод. Зимни вохўрї, ки дар фазои самимият доир гардид, масъалањои вазъи сиёсию иљтимоии љумњурї ва минтаќа, наќши њизбу њаракатњо дар ташаккули маърифати сиёсии мардум ва рушди меъёрњои демократї дар мамлакат баррасї шуд. Муовини Раиси ЊХДТ А. Латипов дипломати хориљиро бо фаъолияти вусъатбори њизб, маќому нуфузи он дар љомеа, иштироки фаъолонаи он дар маъракањои интихоботї, дастовардњои љумњурї дар солњои истиќлолият ва рушди иќтисодиёт шинос карда, афзуд, ки дар ин пешрафтњо наќши ЊХДТ ќобили мулоњиза мебошад. Мањбубияти њизби мо дар он ба зуњур меояд, ки бо барномањои созанда-

ЊАЁТИ ЊИЗБ

3

Мулоќот бо котиби сафорати ИМА аш ормонњои њамаи ќишрњои љомеаро фаро мегирад. Пирўзињои мо дар маъракањои сиёсї мањз аз њамин омилњо вобаста мебошад. Љаноби Николас Катсакис иброз дошт, ки дар давраи ваколати дипломатиаш имконият пайдо намудааст, ки бо маданияту фарњанги волои мардуми Тољикистон ва арзишњои миллии он ошно шавад. Махсусан љашнњои миллии тољикон ба шумули Наврўзи Аљам, ки маќоми байналмилалї гирифтааст, барояш хотирмон мебошад. Аз тамошои базмњои наврўзї, ки дар њар минтаќаи кишвар хусусиятњои хосро касб намуда, бо тарзу шеваи махсус таљлил карда мешавад, таассуроти рангине бардоштааст. Котиби сафорат изњори умедворї намуд, ки минбаъд доираи њамкорињо ва табодули назарњоро оид ба масъалањои мавриди таваљљуњи якдигар тавсеа мебахшанд.

У. СОЛЕЊ, сухангўи ЊХДТ

Дар маљлиси васеи КИ ЊХДТ дар ноњияи Панљ раисони ташкилотњои ибтидої ва фаъолони њизб рафти иљрои вазифањои Оинномавиро дар ташкилотњои ибтидої дар семоњаи аввали соли љорї, Ќарорњои КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2014 "Дар бораи тасдиќи Низомнома ва њайати комиссияи озмуни КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон тањти шиори "Ташкилоти ибтидої-асоси њизб" барои дарёфти љоизаи "Ташкилоти ибтидоии бењтарин", Низомнома ва њайати комиссияи озмуни КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон барои дарёфти љоизаи "Фаъолону љонибдорони бењтарини ЊХДТ", Низомномаи баргузории мусобиќаи дастањои футболи кўдакону наврасон ба ифтихори 20солагии таъсисёбии ЊХДТ ва "Соли футболи оммавї" эълон шудани соли 2014 аз љониби Федератсияи Футболи Тољикистонро муњокима карданд.

Густариши корњои таблиѓотї

ЉАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДА ДАР НОЊИЯИ ЉАЛОЛИДДИНИ РУМЇ Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Љалолиддини Румї, ТЉЉ "Созандагони Ватан" дар назди КИ ЊХДТ-и ноњия дар њамкорї бо шуъбаи маориф ва дигар бахшњои маќомоти и љрои яи њоким ияти дав лати и ноњия маросими љамъбасти давраи сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагони ноњияро доир наму-

данд. Аз 150 нафар хонандагони синфњои 9,10,11, ки ба давраи сеюм (вилоятї) роњхат гирифта буданд, 90 нафарашон сазовори љойњои ифтихорї гаштанд. Раиси кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Љалолиддини Румї М. Абдулњаев ба ѓолибони Олимпиада мукофотпулї таќдим намуд.

ОЃОЗИ КОРЊОИ СОХТМОНИИ БИНОИ МАЪМУРИИ ЊХДТ ДАР НОЊИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Оиди масъалаи аввали рўзномаи љаласа раиси КИ ЊХДТ дар ноњияи Панљ Ё.Носиров гузориши муфассал дода аз љумла ќайд кард, ки ташкилотњои њизбї ба маќсади амалї гардонидани ќарору њуљљатњои Анљумани XI ЊХДТ, дастуру супоришњои КИМ, КИ вилояти Хатлон ва Оинномаи ЊХДТ фаъолияти кори худро равона сохта корњои назаррасеро ба љо оварда истодаанд. Айни њол дар ноњия 37 ташкилоти ибтидої бо фарогирии 4041 нафар аъзо фаъолият доранд, ки аз он 1914 нафарашонро занон ва 2220 нафарашонро љавонон ташкил мекунанд. Дар се моњи соли љорї як ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода бештар аз 86 нафар аз љумлаи шахсони мењнатдўсту кордон, ватанпарвару ватандўст, шахсоне, ки дар байни љомеа обрў ва эњтиром доранд, ба сафи њизб ќабул гардиданд. Дар ин давра аз љониби ташкилотњои њизбї зиёда аз 36 чорабинињои сиёсию фарњангї гузаронида шуданд. Аз љумла, аксари ташкилотњои њизбї ва фаъолони њизб дар тайёр кардан ва гузаронидани чорабинињои оммавии "Рўзи артиши миллї", "Рўзи байналхалќии занон" ва "Иди Наврўз" фаъолона сањм гузоштанд. Баъдан Ќарорњои КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон оиди гузаронидани озмунњои "Ташкилоти ибтидоии бењтарин", "Фаъолону љонибдорони бењтарини ЊХДТ" ва бар-

гузории мусобиќањои футболи кўдакону наврасон, ки ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии ЊХДТ баргузор мегарданд, мавриди омўзишу тањлил ќарор дода шуда, бањри амалї гардидани онњо ќарорњои Кумитаи иљроияи ноњиявии њизб , комиссияњои озмун ва мутасаддиёни озмун ва наќшаю чорабинињо тасдиќ карда шуданд. Кумитаи иљроия маќсад гузошт, ки дар заминаи баргузории "Рўзњои ЊХДТ", ки дар дењоту мањаллањо ва маркази ноњия бо иштироки фаъолон ва љонибдорони њизб баргузор мегарданд, озмунњо дар алоњидагї гузаронида мешаванд ва ѓолибони озмунњо ба даври дуюми озмунњои вилоятї пешнињод карда мешаванд. Ѓолибон бо мукофотњои молї ва "Ифтихорнома" ва "Рањматнома"-њои Комиљроияи ноњия сарфароз гардонида мешаванд. Њадафу маќсади ин чорабинињо боз њам хубтар намудани фаъолияти ташкилотњои ибтидої, бењтар намудани корњои ташкилї ва молиявї, хубтар намудани њуљљатгузорї, таќвият бахшидани корњои таблиѓотї ва таљњизонидани утоќњои корї ташкилотњои ибтидої бо айёният, гўшањои њизбї ва шиору овезањои муносиб мебошад.

Т. ЊОШИМОВ, мудири шуъбаи ташкилии КИ ЊХДТ дар ноњияи Панљ

Бо ташаббуси Кумитаи иљроияи ЊХДТ ва њукумати ноњия ба хотири бунёди тањкурсии бинои маъмурии Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњия њашари умумї доир гардид. Дар њашари мазкур, узви Раёсати Кумитаи иљроияи ЊХДТ, раиси ноњия Валї Ашўров ва роњбарону кормандони тамоми идораю ташкилотњои ноњиявї фаъолона иштирок доштанд. Аз рўи наќша бинои мазкур яко-

шёна буда, он аз 2 утоќи корї ва як толори хурд иборат хоњад буд. Дар назар аст, ки он бо харљи беш аз 40 њазор сомонї аз њисоби музди мењнати якрўзаи ташкилотњои ибтидоии њизбї ва тариќи њашар сохта мешавад. Сохтмони бино ба муносибати 20-уми н солгарди таъсисёб ии ЊХДТ оѓоз гардида, он моњи май мавриди истифода ќарор хоњад гирифт.

ЃАМХОРЇ ДАР ЊАЌЌИ СОБИЌАДОР Дар арафаи солгарди навбатии Пирўзї дар Љанги Бузурги Ватанї бо мусоидати Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар шањри Исфара аз њисоби вакили мардумї аз ЊХДТ дар Маљлиси вакилони халќи вилояти Суѓд, сарвари "Ширкати сохтмонии Исфара" Њусейнхоља Нуриддинов ба сокини дењаи Навгилем, маъюби ЉБВ Ќулибой Умаров аробаи маъюбї дастрас карда шуд. Зимни аёдати собиќадори љанг, муовини раиси кумитаи иљроияи шањрии ЊХДТ Г. Рањимова, сардори Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират Нурулло Ќурбонов, муовини раиси Шўрои собиќадорони шањр Каримљон Музаффаров, котиби љамоати дењоти Навгилем Абдумалик Ахмедов ва вакили мардумї дар маљлиси вилоятї Њусейнхоља Нуриддинов фидокорињои насли солњои 40-уми асри гузаштаро дар наљоти инсоният аз зулму истибдоди фашизми гитлерї ба таври хоса зикр карданд.

Мўйсафеди 90-сола Ќулибой Умаров ба нафарони ташрифоварда ва вакили саховатманд барои мењрубонињои афзун миннатдории худро арза дошта, бо та м а н н ои о с м о н и с о фу ш у к у фо и и м и н б а ъ д а и Т о љ и к и с т о н даст ба дуо бардошт. Мавриди зикр аст, ки давоми се моњи охир дар њудуди шањру дењоти Исфара бо мусоидати Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират 6 нафар маъюби дар навбатбуда соњиби аробачањо шудаанд.


4

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Њаёти њизб

Парлумон

ТАЪМИНИ ОБИ НЎШОКЇ ДАР МУЊОКИМАИ ВАКИЛОН Вобаста ба иљрои Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2014 дар Корхонаи воњиди давлатии "Хољагии манзилию коммуналї" љињати татбиќи "Барномаи бењтар намудани таъминоти ањолии Љумњурии Тољикистон бо оби тозаи нўшокї барои солњои 2008-2020" санаи 4 март дар Маљлиси намояндагон муњокимаи парлумонї баргузор шуд.

Муовини якуми Раиси Маљлиси намояндагон Амиршо Миралиев чорабиниро ифтитоњ намуда, аз љумла изњор дошт, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон "Барномаи бењтар намудани таъминоти ањолии Љумњурии Тољикистон бо оби тозаи нўшокї барои солњои 20082020"-ро ќабул намудааст, ки барои амалї гардидани аз соли 2008 то 2020-ро марњила ба марњила ба миќдори 3млн. 324 844 њазору сомонї маблаѓгузорї пешбинї карда мешавад. Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба масъалањои аграрї, захирањои об ва замин Саиди Ёќубзод дар баромади худ таъкид кард, ки Љумњурии Тољикистон ба марњилаи сифатан нави тараќќиёти иљтимоиву иќтисодї ворид гардида, вазифањои асосии ин давра аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоњот, самаранокии натиљањои татбиќи он, рушди устувори иќтисодї ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолии кишвар иборат аст. Феълан дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Роѓун, Норак, Сарбанд, Чкалов, Ќайроќум ва ноњияњои Файзобод, Спитамен ва Шуѓнон масъалаи таъминоти об ва канализатсия аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї идора карда мешавад. Дар шањру навоњии боќимонда моликияти корхонањои обтаъминкунї ва канализатсия љумњуриявї буда, идораи он ба зиммаи КВД "Хољагии манзилию коммуналї" вогузор шудааст. Дар сохтори КВД ''Хољагии манзилию коммуналї'' 36 корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунї ва канализатсия, 21 корхонаи давлатии фаръии хољагии манзилию коммуналї, ки ќитъањои обтаъминкунї ва ка-

нализатсия доранд ва Муассисаи давлатии Сарраёсати "Тољикобдењот" фаъолият менамоянд. Дар соли 2013 корхонањои тобеи КВД "Хољагии манзилию коммуналї" ба истифодабарандагон ба маблаѓи 108 млн. 768,7 њазор сомонї хизматњои гуногуни коммуналї расониданд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2012-ум 22,8% зиёд мебошад. Бо дастгирї ва кўмаки Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи хољагии манзилию коммуналї бањри рушд ва тараќќиёти он як ќатор Лоињањои инвеститсионї фаъолият менамоянд. Директори генералии КВД "Хољагии манзилию коммуналї" Алимурод Таѓоймуродов ва муовини аввали вазири молияи Љумњурии Тољикистон Љамолиддин Нуралиев дар назди вакилон вобаста ба иљрои Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2014 дар КВД -и "Хољагии манзилию коммуналї" љињати татбиќи Барномаи бењтар намудани таъминоти ањолии Љумњурии Тољикистон бо оби тозаи нўшокї барои солњои 2008-2020 баромад намуда, рољеъ ба дастоварду камбудињои дар ин соњањо љойдошта маълумот доданд. Аз рўи масъалаи муњокимашаванда вакилон Домуллољон Љабборов, Шодї Шабдолов, Зайниддин Сафаров, Абдурањмон Хонов, Мањмадалї Њисориев андешаронї намуданд. Бо дарназардошти таклифу эродњо аз рўи масъалаи муњокимагардида ќарор ва тавсияњои муњокимаи парлумонї ќабул гардид.

Маъруфи Бобораљаб, хабарнигори парлумонии "МХ"

Љамъомадро бо сухани муќаддимавї муовини аввали раиси КИВ ЊХДТ Анвар Љалилов њусни ифтитоњ бахшид. Сармуњосиби КИВ ЊХДТ Шавкат Шамсиев оид ба нишондињандањои иќтисодии кумиљроияи њизбї дар се моњи аввали соли равон њисобот дода ќайд кард, ки љамъи даромадњо то санаи 1 апрели соли 2014 ба суратњисоби КИВ ЊХДТ 272 њазору 895 сомонию 26 дирамро ташкил медињад. Аз маблаѓи дар боло зикршуда барои музди мењнат ва табобатпулї 32 њазору 983 сомониву 95 дирам пардохт шудааст. Дар семоњаи аввал кумиљроияи њизбї корњои хайру савоб ва дастгирии табаќаи камбизоати љомеаро идома дод ва дар ин самт 3 њазор сомонї барои аёдат ва дастгирии ба садама дучоршудагони мактаббачагони ноњияи Айнї људо карда шуд. Моњи март ду иди бузург Рўзи модарон ва Иди байналмилалии Наврўз таљлил гардид. Ба муносибати ин љашнњо чорабинињои идона доир карда шуданд, ки барои дар сатњи баланд гузаронидани он 8 њазору 290 сомонї масраф шуд. Дар ин муддат чун аъзоњаќќии 20 фоиза ба суратњисоби Дастгоњи КИМ ЊХДТ 8 њазор сомонї ирсол карда шуд. Љамъи харољотњо дар семоњаи аввал бо назардошти хизматрасонии матбаа, хариди маводи сўхт ва ѓайра 144

Дар маљлисгоњи Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Суѓд љаласаи масъулони молия ва раисони комиссияњои тафтишотии кумиљроияњои њизбии шањру навоњии вилоят баргузор гардид.

Аъзоњаќќї бояд сариваќт пардохт шавад њазору 544 сомонию 94 дирамро ташкил дод. Шавкат Шамсиев д��р идомаи суханрониаш оид ба вазъи љамъоварии маблаѓи аъзоњаќќї муфассал истода гузашт: -Аз тањлилњо бармеоянд, ки,гуфт ў,- рафти пардохти аъзоњаќќї дар баъзе кумиљроияњои њизбии шањру ноњияњо хуб бошад, дар баъзеи онњо бењбудї металабад. Масъулиятшиносии роњбарияти кумиљроияњои њизбии шањру ноњияњои Б.Ѓафуров, Хуљанд, Исфара, Ашт, Ѓончї, Панљакент, Спитамен, Конибодом, Ќайроќуму Айниро дар алоњидагї ќайд кардан меарзад. Аммо, мутаассифона, бемасъулиятиву бепарвоиро дар адои вазифаи худ аз тарафи роњбарон ва масъулони молияи Кумиљроияњои њизбии шањру ноњияњои Чкалов, Истиќлол, Мастчоњ, Мастчоњи Кўњї, Зафаробод, Истаравшан, Шањристону Љ.Расулов мушоњида кардан мумкин аст, ки бо ин гуна ањвол наметавон

фаъолиятро дуруст ба роњ монд.. Дар маљмўъ, бино ба гуфти сармуњосиби КИВ ЊХДТ соли равон бояд аз њисоби аъзоњаќќї 316 њазору 119 сомонї маблаѓ љамъоварї шавад. Дар семоњаи якум бошад, њамагї 51 њазору 713 сомонию 81 дирам аъзоњаќќї љамъ оварда шудааст. Тавре мегўянд, "он чї аён аст, њољат ба баён нест". Оид ба масъалаи муњокимашуда раиси комиссияи тафтишотии кумиљроияи вилоятии њизб К.Одилов низ баромад карда, ба фаъолияти комиссияњои тафтишотии шањру ноњияњо эроди сахт гирифт ва ба масъулин муњлат дод, ки то 20-уми апрел камбудињои мављуда ислоњи худро ёбанд. Дар охир муовини аввали раиси КИВ ЊХДТ А.Љалилов ба масъулони молия ва раисони комиссияњои тафтишотии кумиљроияњои њизбии шањру ноњияњо љињати ислоњи норасоињо дастуру супоришњои мушаххас дод.

М.МАЌСУДОВ

Набзи њаёти њизбиёни вилояти Суѓд

Таъиноти кадрї Дар як ќатор кумиљроияњои њизбии шањру ноњияњои вилояти Суѓд таѓйироти кадрї ба амал омад. Бо розигии Раиси ЊХДТ Эмомалї Рањмон ва ќарори КИ ЊХДТ раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Истиќлол Шариф Ќодиров бо сабаби ба нафаќа баромаданаш аз вазифа озод гардида, ба љои ў Дилрабо Насруллоева, ки ќаблан ба њайси роњбари Дастгоњи КВД "Нури Ховар"-и шањр фаъолият дошт, интихоб шуд. Ба њамин монанд бо ризоияти Роњбари ЊХДТ ва ќарори КИ ЊХДТ дар ноњияи Зафаробод раиси Кумитаи иљроияи њизбии ноњия Умедљон Рањмонов бинобар сабаби ба дигар кор гузаштанаш аз вазифа озод карда шуда, ба љои ў Раљаббой Ашўров, ки то ин дам муовини аввали раиси ноњия буд, интихоб гардид.

Дар кумитаи иљроияи њизбии шањри Чкалов низ таѓйироти кадрї ба амал омад. Бо ризоияти Раиси њизбамон ва ќарори КИ ЊХДТ дар шањр раиси кумиљроия Мунира Холматова ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуда ва ба љои ў Исобой Усмонов, ки то ин ваќт сардори идораи почтаи ноњияи ба номи Б.Ѓафуров буд, интихоб шуд. Бо ризоияти Раиси ЊХДТ ва ќарори КИ ЊХДТ дар шањри Истаравшан раиси Кумитаи иљроияи њизбии шањр Бањодур Воситов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва Муњаммадї Салимов, ки то ин дам сармутахассиси шўъбаи иттилоот ва тањлили МИЊД вилоят шуда кор мекард, интихоб гардид.

Њамзамон бо ризоияти Раиси ЊХДТ дар Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Мастчоњ низ таѓйироти кадрї ба амал омад. Бо ќарори КИ ЊХДТ дар ноњия раиси кумиљроияи њизбї Тољиддин Ниёзов бо сабаби ба дигар кор гузаштанаш аз вазифа озод ва ба љои ў Дилшод Зокиров собиќ мудири бахши кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии МИЊД ноњия интихоб шуд. Дар маросими муаррифии раисони нав мудири шуъбаи њуќуќи Дастгоњи КИМ ЊХДТ Абдулло Нуров ва раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Суѓд Сарфароз Юнусов иштирок ва баромад карда, ба Шариф Ќодиров, Умедљон Рањмонов, Мунира Холматова, Бањодур Воситов ва Тољиддин Ниёзов барои мењнати пурсамарашон миннатдорї баён карданд ва ба раисони нави нтихоби њизбї барори кор хостанд.

М.МАЌСУДОВ

ОМОДАГИЊО БА НИЗОМИ НАВ Бо ташаббуси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Мўъминобод ва бахши кор бо занон ва оилаи назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия оид ба дастуру супоришњои Дастгоњи КИМ ЊХДТ бо довталабони мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 8-и ноњия оиди дохилшавии довталабон аз рўи низоми нави Маркази миллии тестї ва пешгирї намудани љавонон аз шомилавї ба њизбу њаракатњои ифротгарої вохўрї баргузор

гардид. Дар љамъомад раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ Г. Раљабова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, аъзои ЊХДТ Х. Иброњимова, сарвари мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 8 С. Давлатов ва муовини раиси љамоати дењоти Балхобї М. Раљабова ширкат ва суханронї намуданд. Дар рафти суњбат довталабон ба саволњояшон посухњои зарурї гирифтанд.

"Зан ва сиёсат"

Кумитаи иљроияи ЊХДТ бо иштироки фаъолзанон мизи мудаввар дар мавзўи "Зан ва сиёсат" баргузор гардида, дар он масъалањои љалби бештари занон ба ЊХДТ ва баланд бардоштани дониши сиёсии онњо мавриди бањсу муњокима ќарор дода шуд.

Бахшида ба таъсисёбии 20- солагии Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар љамоати дењоти Балхобии ноњияи Мўъминобод бо ибтикори


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

сањ. 1

А

З ин хулоса баровар дан мумкин аст, ки тарбияи ватандўстї таќозои замон ва яке аз самтњои асосии сиёсати давлату Њукумат ба шумор меравад. Фароњам овардани фазои мусоиди меъёрию њуќуќии тарбияи ватандўстии љавонон яке аз омилњои муњиму асосии ин иќдом мебошад. Мањз тавассути тавсеаи чунин фазо заминаи мустањкам барои фаъолияти пурсамар гузошта мешавад. Бо ќаноатмандї метавон ќайд кард, ки чунин заминањои мусоид аз љониби маќоми олии ќонунгузор - Парлумони Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон фароњам оварда шудааст.

5

ЉАВОНОН ВА ЉОМЕА Муњаббат ба Ватан, эњт ирому риояи Сарќонуни мамлакат ва ќонунњои љории он, эњтиром ба арзишњои илмию маънавї ва таърихї, муњофизати марзу бум ва табиати диёр, эњтиром ба давлат ва роњбари он љавњари аслии ин мафњум аст. Ин нукта дар мулоќоти Президенти кишвар бо љавонони лаёќатманди вилояти Суѓд низ 4 апрели соли равон, яъне чанд рўз ќабл зикр гардид, ки Роњбари давлат бори дигар роњњои таќвият бахшидани њисси ват андўст ї, инсондўстї ва ифтихору сарфарозї аз таъриху фарњанги бостонї ва давлатдории мустаќили миллиро дар баромади худ такроран таъкид намуд. Айни замон вазифаи мо аз он

РАВАНДИ МУОСИРИ СИЁСЇ

Агар ба санадњои ќонунгузории мамлакат таваљљуњ намоем, аз Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон шуруъ карда, тамоми ќонунњои амалкунанда рўњияи ватандўстиву худшиносиро фарогир мебошанд. Њанўз аз 30 марти соли 1995, № 234 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар хусуси Барномаи тарбияи љавонони Љумњурии Тољикистон дар рўњияи ватанпарастї ва эњтиром ба рамзњои давлатї" ќабул гардида буд. Бо маќсади такмили фаъолияти маќомоти идораи давлатї ва њокимияти иљроия дар мањалњо (њукуматњо) дар самти тарбияи ватанпарастии љавонон Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 феврали соли 2002, №29 "Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии љавонони Тољикистон барои солњои 2002-2005" ба тасвиб расид. …Бо маќсади њамоњангсозии фаъолияти маќомоти давлатї оид ба тарбияи ватанпарастии љавонон ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2002, №510 "Дар бораи таъсиси Шўрои љумњуриявии байнисоњавии њамоњангсоз оид ба тарбияи ватанпарастии љавонони Тољикистон" ба имзо расид. Баъдтар Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 майи соли 2005, № 167 "Оид ба таъсиси грантњои Њукумати Љумњурии Тољикистон барои иттињодияњои љамъиятї дар соњаи тарбияи ватанпарастии љавонон" ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 октябри соли 2005, № 421 "Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии љавонони Тољикистон барои солњои 2006-2010" ќабул гардид, ки вобаста ба иљрои онњо корњои зиёде амалї гардидаанд. Яке аз муњимтарин иќдомњо бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2006, №94 ќабул гардидани "Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон" ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 октябри соли 2006, № 691 ќабул гардидани "Консепсияи корњои тарбиявї дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон" мебошад. Хуб мебуд маќомотњои ваколатдор дар доираи ин санадњо, љињати иљрои онњо тадбирњои самаранок андешида, бањри дарёфти роњњои бењтару муассиртари таблиѓи ѓояњои ватандўстї њамеша кўшиш намоянд. Тарбия таъхирро намепазирад, гуфтаанд. Бо дарки њамин нукта агар хоњем, ки истиќлолияти кишварамонро тањким бахшем, Ватани хешро ободу шукуфо ва њамрадифи кишварњои мутараќќї бинем, ин масъаларо мавриди иљрои сариваќтї ќарор бояд дињем. Ватандўстї ягон муаммои сарбаста ва мафњуми нофањмо нест.

ВА ТАРБИЯИ ЊУВИЯТИ МИЛЛИИ ЉАВОНОН ё чї гуна арзишњои миллї ва ватандўстиро дар нињоди љавонон тарбия кунем? иборат аст, ки ин муќаддасотро дар замири насли наврас ва љавонон эњё намуда, онњоро ба ин самт роњнамої созем. Ин тадбир аз оила ибтидо гирифта, бояд дар мактабу донишгоњ такмилу таќвият ёбад. Дар ин љода рўй овардан ба фарњанги пурѓановати миллатамон айни муддаост. Дорои таъриху маданияти бою ќадима будани миллати тољик ба љањониён маълум аст. Осори илмию адабии њар кадоме аз бузургони миллати мо, ки ба машњуртарин забонњои олам тарљума ва нашр гардидаанд, љањониёнро ба њайрат овардаанд. Офаридањои њар яке аз гузаштагони бузурги миллатамон моро ба дўстиву рафоќат, мењру садоќат, муњофизати ватан, њифзи неъматњои табиї ва инсондўстиву сулњпарастї, тањаммулпазирї даъват ва њидоят менамоянд. Аз ин гуфтањо бармеояд, ки миллати куњанбунёди тољик дар љодаи тарбия, бахусус тарбияи ватандўстї анъанањои некро доро мебошад. Айни замон моро лозим меояд, ки бо истифода аз ин ганљинањои маънавї тарбияи ватанпарастии љавононро дурусту оќилона ба роњ монем, то дар оянда натиљањои неку пурсамарро ба даст орем. Чуноне ки бузургон фармудаанд: њосили кишт яксола, њосили некї садсола, вале тарбия барои асрњост. Роњбари давлат таъкид намуданд, ки: "Бањри ба комёбињо ноил гардидан дар замири ањли љомеа ва пеш аз њама љавонон эњсоси гарми ватандориву ватанпарастї, хештаншиносиву ифтихори миллї бояд амиќ љой гирад". Бањри амалї гардонидани ин гуфтаи сарвари оќилу хирадмандамон њар як нафари мо масъулияти бузургеро бар дўш дорем. Њар як кишвари олам барои рушду нумўъ ва тањкими давлатдорї, нуфуз ва эътибори баланд пеш аз њама ба аќлу хирад, бунёдкориву созандагии љавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онњо мепайвандад. Зеро мавќеи иљтимої ва сиёсии онњо дар баробари нерўи демократии љомеа ва давлат хусусиятњои тањаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Љомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокї ва фаъолияти љавонон таваљљуњ зоњир намекунад, ба сатњи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Фаромўш набояд кард, ки арзишмандтарин омиле, ки баќову устувории миллатро кафолат медињад, тарбияи ватандўстї ва ташаккули эњсоси худшиносиву худогоњии

љавонон дар шароити имрўза аст. Тавре Президенти мамлакат дар мулоќот бо љавонони болаёќати вилояти Суѓд таъкид намуд: "...Ба хотири тарбияи дуруст ва ба роњи рост њидоят намудани наврасону љавонон њамаи мо - роњбарону фаъолони маќомоти давлатї, падару модарон, мураббиёну муаллимон ва умуман ањли љомеа масъулияти инсонї ва шањрвандї дорем. Мо бояд дар замири насли љавон њисси баланди миллї, эњсоси худшиносиву ватандўстї, ахлоќи њамида, сабру тањаммул, омўзиши илму дониш ва касбу њунарњои муосир, љиддияту мењнатдўстї ва эњтироми волоияти ќонунро талќин намоем, то онњо дар оянда њамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи љањонї муаррифї карда тавонанд." Раванди татбиќи Барномањои давлатии марбут ба тарбияи ватандўстии љавонон собит намуд, ки асосњои илмию назариявї ва методии тарбияи ватанпарастии љавонон дар сатњи зарурї ташаккул ёфтааст. Тањия ва нашри адабиёти илмиву бадеї, тавсияномаву дастурњо ва китобњои дарсї далели ин мањсуб меёбад. Имрўз ќисми зиёди љавонон аз моњияту мафњумњои "ватан" ва "ватандўстї" огањї пайдо кардаанд. Яке аз мушкилоти умдаи имрўза тамоюли љавонон ба њизбу њаракатњои иртиљоист, ки бояд коњиш дода шавад, бояд майли љавонон ба омўзиши таърих, фарњанг ва арзишњои маънавию миллї бештар бошад . Фаъолияти байнисоњавию њамоњангсози тарбияи ватанпарастии љавонон дар сатњи зарурї густариш ёфта, тамоми чорабинињои хусусияти мањаллї, минтаќавї ва љумњуриявидошта муштаракан дар њамкории сохторњои марбутаи давлативу љамъиятї амалї карда шаванд. Ин бесабаб нест. Зеро дар раванди тарбияи ватанпарастии љавонон њамаи субъектњои тарбия бояд барои расидан ба як њадаф талош варзанд ва танњо њамон ваќт натиљаи дилхоњ ба даст хоњад омад. Ин њадаф пеш аз њама таъмини ягонагии Тољикистон ва тарбияи љавонон дар рўњияи воњид донистани он аст. Ормони асосии насли љавони тољик имрўз шукуфоии ояндаи кишвари худ аст. Ба таърихи инсоният назари тањќиќ андохта, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки арљ гузоштан ба Ватан дар њама давру замон дар маркази таваљљуњи ањли љомеа ва хусусан, мутафаккирону пешоњангони миллатњо ќарор дошт.

Имрўз, ки љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон дар роњи эъмори љомеаи демократии њуќуќбунёд ва дунявї ќарор дорад, тарбияи ватанпарастии љавонон муњимтарин фишанги њаракатдињандаи пешрафти љомеа ба њисоб меравад. Бо назардошти ин аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон дар љодаи тарбияи ватанпарастии љавонон пайваста тадбирњо андешида шуда, корњои мушаххасу муайян амалї мегарданд. Дар сањифањои таърихи башар номи њар халќу миллат тавассути илму фарњанг ва санъату њунари воломаќомаш сабт мешавад. Дорои таъриху маданият ва санъату адабиёти бою ќадима будани халќи тољик ба оламиён маълум аст. Муњимтарин василаи баланд бардоштани эњсоси ватандўстии љавонон ташаккули фарњанги маънавию сиёсї, маърифати њуќуќї ва омўзиши таърихи пурѓановати миллати худ ба њисоб меравад. Миллате, ки ояндаи саодатманди хешро дидан мехоњад, бояд ба маънавиёт рўй орад. Сарчашмаи маънавиёт бошад, китоб аст. Дар рўзгоре, ки мо ба сар мебарем, шояд бештар аз миллатњои дигар ба китоб ниёзманд бошем. Китоб имрўз барои мо наметавонад фаќат воситаи интиќоли меросњои илмї ва фарњангии гузашта ба оянда ва ё парвариши зењну фикр дар сатњи љомеа бошад. Рисолати китоб имрўз беш аз он аст, ки мо тасаввур мекунем. Ин ганљинаи бебањои маънавї дар љомеаи имрўз рўњи боиффат ва шуљоъро дар љавонон парвариш медињад. Китоби хуб ва арзишманд барои љавонон як мураббии бузург аст. Махсусан, дар ин замона, ки тањољуми фарњангї ба пояњои суннатии ахлоќи љомеаи мо теша мезанад ва раванди љањонишавї бисёр арзишњои маънавиро ба коми худ фурў мебарад. Дар љањони муосир марзњои амниятии кишвари мо танњо бо замину обу њаво мањдуд намешавад. Вазъи фарњангие, ки дар љањони имрўз ба амал омадааст, моро водор месозад, ки аз марзњои ахлоќї ва маънавиямон низ дифоъ кунем. Љавонони мо бояд таблиѓгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Зеро дурї љустан аз фарњанги гузашта ва фаромўш намудани анъанањои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоњ дар шинохти њуввияти миллї хоњад буд. Миллате, ки таърихаш аз байн рафтааст, мањв мешавад. Ташаккули шахсият дар љомеа мањз тавассути донишу хирад ба даст меояд, ки дар ин раванд наќши китоб муњим аст. Зарурати аввали худшиносї бозгашт ба асли худ аст. Њифз намудани фар-

њанги миллї аз таблиѓоти ифротгароёна мањз тавассути бархурдорї аз таъриху маданияти пурѓановати миллї муяссар мешавад. Яке аз шартњои муњими пойдории низоми ягонаи тарбияи ватанпарварии љавонон ин робитаи ногусастании њамаи унсурњои он, аз мадди назар дур накардани њадафу ормонњоест, ки низоми номбурда барои ба даст овардани онњо талош меварзад. Зеро сабаби баќо ва пойдории њама гуна низомњои идеологї, мављудияти ормон ё њадафи ягона аст. Масалан, љаззобият ва пойдории дини ислом аз тавњид сарчашма мегирад. Аз ин нуќтаи назар дар раванди тарбияи ватанпарастии љавонон њамаи субъектњои тарбия бояд барои расидан ба як њадаф талош варзанд, танњо њамон ваќт натиљаи дилхоњ ба даст меояд. Чанд рўз ќабл намоишкорона ба коми оташ афкандани шиносномањои худ аз љониби љавонони тољик, ки гўё ба хотири љињод дар Сурия аз шањрвандии худ даст кашиданд, аз он далолат менамояд, ки мо њанўз дар ин самт ба таври бояду шояд муваффаќ нашудаем. Мо љавононро бояд тавре тарбия намоем, ки љињоди акбар ин кўшиш дар ободї, амният ва пешравии ВатанМодар аст, на куштори вањшиёнаи мардуми осоиштаи Сурия, ки аз љониби кишварњои абарќудрати љањон ба хотири пиёда сохтани ањдофи геополитикиву иќтисодиашон тарњрезї шудааст. Ватандўстии љавонон дар шароити кунунї иборат аст аз шинохти мавќеъи таърихии худ, мавќеъи имрўза ва ояндаи миллати худ њамчун узви људонопазири љомеаи љањонї. Ватандўстии њаќиќї иќдомоти инќилобї ва таљдиду ислоњи амалию фарњангї ва иљтимоию сиёсиро таќозо менамояд. Ватандўстї падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятњои рўњиву равонии афроди љомеа, дараљаи шинохти маќом ва наќши таърихиву сиёсии миллат ва шинохти љойгоњи худ дар тамаддуни љањонї, ташаккули ифтихору ѓурури созандагии миллї аст. Сатњ ва дараљаи он бештар аз дониш, аќл, зењн ва хирад вобаста мебошад. Бояд зикр намуд, ки ќисме аз ин арзишњо ба таври ирсї дар нињоди њар як инсон нуњуфтаанд ва такомулу ба сатњи сифати ахлоќї расонидани онњо вазифаи оила ва муассисањои соњаи таълиму тарбия, аз љумла фарњанг ба шумор меравад.

Абдурањмон ХОНОВ, Бахтиёр ЊАМДАМ


6

МИНТАЌА

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

АФЃОНИСТОН: ÈÍÒÈÕÎÁÎÒ

ÂÀ ÍÎÊÎÌÈÈ ÒÎËÈÁÎÍ

Ба назар чунин мерасад, ки пас аз интихобот Афѓонистон нафаси осуда мекашад. Сеюмин интихоботи президентї ва шўроњои вилоятии Афѓонистон бо ширкати васеи афѓонњо рўзи шанбе, 5 апрели соли равон баргузор шуд. 8 номзад ба маќоми президентї ва 2700 номзад дар интихоботи шўроњои мањаллї бо њам раќобат карданд.

Б

А иттилои Комиссияи мустаќили интихобот бештар аз 325 њазор нозири дохилї ва хориљї љараёни ин маъракаи муњими сиёсї ва њисоби овозњоро назорат карданд. Ин аввалин интихоботи Афѓонистон аст, ки тањти роњбарї ва назорати афѓонњо баргузор гардид. Дар саросари Афѓонистон ба ин муносибат тадбирњои шадиди амниятї андешида шуданд. Њудуди 400 њазор нафар нерўњои интизомї дар саросари кишвар барои таъмини амният ва њифозати райъи мардум ширкат карданд. Ќабл аз ин бархе аз коршиносони низомї ба ќудрати артиш ва пулиси миллии Афѓ-

онистон шубња доштанд. Зеро гурўње ба ин бовар буданд, ки рўњияи нерўњои афѓон заиф аст ва сатњи бесаводї дар байни онњо баланд буда, фирор аз сафњои артиш идома дорад. Аммо чунин саволњо дар рўзи интихобот таќрибан посухи худро пайдо карданд ва мањбубияти нерўњои амниятї дар назди мардуми афѓон в а њу ку ма ти к ишва р х ел �� боло рафт. Бо вуљуди он ки тањдидњои зиёди Толибон ва таркишу њамлањои интиќомљўёна мардумро бесаранљом карда буд, чорањои шадиди амниятї кор дод, ки ин маъракаи муњими сиёсї баргузор шавад. Ба андешаи њайати нозирони Иттињоди Аврупо афѓонњо бо њузури бештари худ дар интихоботи президенти љумњурї ва шўроњои вилоятї нишон доданд, ки Толибон шикаст хўрдаанд. Ин нуктаро Тиис Берман, роњбари њайати нозирони Иттињоди Аврупо дар нишасти хабарї дар Кобул таъкид кард: "Мо намедонем, кї интихоботро бурдааст, аммо медонем, ки Толибон бохтаанд". Њарчанд тањдидњои Толибон барои барњам задани интихобот боиси марги шањрвандон, хабарнигорон, кормандони Комиссияи мустаќили интихобот, маъмурони пулис ва як нозири байналмилалї шудааст, мардум аз додани раъйи худ даст накашиданд ва бо иштироки густурда дар интихобот ба Толибон паём доданд, ки мар-

дум онњоро намепазирад. Барои бисёр афѓонњо шояд ин паём низ хеле муњим буд, ки интиќоли ќудрат дар ин кишвари љангзада бидуни тиру туфанг ва хунрезї ба таври осоишта аз як рањбар ба рањбари дигар мегузарад. Интихоботи навбатї дар таърихи Афѓонистон ва мардуми ин кишвар наќши сарнавиштсоз дорад. Дар саросари мамлакат миллионњо афѓон барои интихоби президенти нав раъй доданд, то дар таъини сарнавишти худ бо вуљуди тањдидњои хушунатомез наќш дошта бошанд. Иштироки мардум дар интихобот намоёнгари рушди сиёсии онњо дар њассос будан ба масоили миллї аст, ки дар таърихи Афѓонистон собиќа надорад. Мардум бо њузури хеш собит карданд, ки дигар њељ чиз наметавонад азму иродаи ќудратманди халќро дар раќам задани сарнавишташон бигирад. Онњо вазифаи худро анљом доданд ва њоло вазифаи масъулини интихобот ва дигар нињодњои марбут аст, ки раъйи мардумро ба самар бирасонанд. Он чи аз мардуми Афѓонистон вобаста буд, анљом ёфт. Ширкати фаъолонаву ѓайричашмдошти интихобкунандагон дар интихоботи президентї ва шўроњои вилоятї ва он њам дар њавои сарду боронї ва фазои на чандон мусоиди амниятї шањодати он аст, ки афѓонњо дар бунёди љомеаи нав бетараф нестанд. Њатто барои до-

дани раъй соатњои тўлонї фурсати ќиматашонро аз даст доданд, ки саранљом ваќти навбати онњо вараќањои интихоботї тамом шуд ва шояд бо айби Комиссияи мустаќили интихобот иддае аз интихобкунандагон аз њаќќи интихоб кардан мањрум шуданд. Ба назари бисёре аз огањон ва њатто мардуми оддї тамом шудани вараќањои овоздињиро дар шароите, ки нисфе аз интихобкунандагон раъй надоданд, ба њељ ваљњ наметавон як мавзўи сода маънидод кард. Нињояти амр ин аст, ки масъулини баргузории интихобот метавонистанд аз рўйи эњтиёт вараќањои бештареро чоп ва омода кунанд ва дар ваќти зарурат онњоро ба марказњои раъйдињї фиристанд. Ба њар њол, мардуми огоњ ва сулњдўсти Афѓонистон кори худро бо хубї анљом доданд ва монанди њамеша дар муќоиса бо давлатмардон ин бор низ онњо буданд, ки бо рисолати миллї ва мењандўстї амал карданд ва бо ширкати пуршўр дар сеюмин интихоботи президентї ва шўроњои вилоятї бо рехтани овозњои худашон дар сандуќњои мавриди назар собит карданд, ки барои ояндаи неки худу ватани хеш ва ободии он бо сарбаландї њозиранд ба истиќболи њар гуна хатар, њатто кушта шудан њам бираванд. Дар њамин њол коршиносони масоили сиёсии Афѓонистон интихоботи президентиро яке аз муњимтарин рўйдодњои сиёсї

дар таърихи кишвар тайи 10-12 соли охир пас аз суќути Толибон маънидод мекунанд. Ба гузориши хабаргузории "Ово" коршиноси сиёсї Саид Вањид Зуњури Њусайнї гуфтааст, ки ин интихобот метавонад ба ояндаи Афѓонистон таъсиргузор бошад. Ба андешаи ў яке аз далелњои ањамияти ин рўйдод ин аст, ки дар ин интихобот нерўњои Афѓонистон худ масъулияти барќарории амниятро ба ўњда гирифтанд. Ширкати нерўњои хориљї мумкин буд дар раванди интихобот боиси парешонию бесарусомонї шавад. Ин коршиноси сиёсї таъкид кард, ки Амрико дуюмбора алоќаманди њузури нерўњои низомии худ дар Афѓонистон аст. Њамон тавре ки шоњид будем, тайи моњњои гузашта масъалаи имзои ќарордоди амниятї барои њузури дубора дар Афѓонистон, ки раиси љумњурї Карзай аз имзои он худдорї кард, ба муносибатњои миёни ду кишвар латма зад. Бо баргузории интихобот президенти нав зимоми роњбариро ба ўњда мегирад. Номзаде, ки Амрико пуштибонї дорад, шояд ба њузури дуюмбораи нерўњои хориљї розї шавад, аммо мардуми афѓон дигар њузури ин нерўњоро хуш надорад. Ба њар сурат баробари ба иљрои вазифа шуруъ кардани президенти нав мардуми афѓон шоњиди таѓйироти асосї дар арсаи дохилї, хориљї ва масоили сиёсию амнияти кишвар хоњад буд, ки њароина њамкорињои минтаќавиро низ ба дунбол хоњад дошт.

Њамин тавр, мардуми афѓон пањлў бо пањлў бо нерўњои амниятї, артиш ва пулиси кишвар рисолати таърихии хешро ба љо оварданд. Њарчанд хатари маргу захмї шудан ба њар кадоми онњо шадидан тањдид мекард. Њоло навбати давлатмардон, ба хусус Њукумат ва Комиссияи мустаќили интихобот аст, ки ба таваљљуњ ва эътимоде, ки мардум ба онњо доранд, ба вазифаи ба ўњдаашон вогузоршуда, аз рўйи инсофи миллию ватандўстї ва динии хеш амал кунанд. Овози мардумро, ки њамоно амонати гаронбањо аст, њифз намоянд ва натиљаи интихоботро ба таври шаффоф ва дур аз њар гуна таќаллуб дар ихтиёри чашм ва гўши онњо ќарор дињанд, ки интизор ва умеду орзуи мардум аз Комиссияи мустаќили интихобот низ њамин аст. Натиљањои аввалини интихоботи президентї ва шўроњои вилоятии Афѓонистон рўзи 24уми апрел ва натиљањои нињої 14-уми май эълон хоњанд шуд. Агар ягон нафар номзад беш аз 50 дарсади орои мардумро, ки шарти пирўзии интихобот аст ба даст наорад, рўзи 28-уми май дар даври дувум миёни ду номзади пештози даври аввал раќобат хоњад шуд.

Алиљон ЉЎРАЕВ


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

7

НИГАРОНЇ

Њафтаи равон дар тамоми бозорњои кишвар нархи картошка якбора аз 2 сомониву 50 дирам то 4 - 4,5 сомонї расида, дар баъзе љойњо ќимати 1 килограм картошка бо нархи 1 литр бензин баробар шуд. Муштариён аз болоравии нархи картошка изњори норизої намуданд. Зеро ки љањиши нархи картошка дар мавридест, ки Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистион дар љамъбасти соли 2013 њисобот дода буд, ки зиёда аз 1 миллион тонна картошкаи љамъоваришуда барои эњтиёљоти сокинони љумњурї мерасад. Роњбарияти Раёсати Иттифоќи "Тољикматлубот" низ изњор намуда буд, ки захираи картошка то ба бозор баромадани њосили нав кофист.

НАРХИ 1КГ КАРТОШКА ЧАРО БА 1$ БАРОБАР ШУД? В

АЌТЕ ба масъулини Вазорати кишоварзї ин нуктаро ёдовар шудем, онњо гуфтанд, ки ин маълумот аз њисоботи омор гирифта шудааст. Ба маълумотномаи оморї рў меорем. Дар вараќаи иттилоотии Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон, ки зимни нишасти матбуотї (24 январи соли равон) ба рўзноманигорон пешнињод гардид, омадааст: "Соли љорї (соли 2013. аз ред.) тибќи маълумот дар њамаи шаклњои хољагидории љумњурї дар 44277 гектар картошка парвариш намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 2492 гектар зиёд мебошад. Аз он 22366 га майдони картошка ба хољагињои дењќонї (фермерї), корхонањои кишоварзї ва 21911 га ба ањолї мансуб буда, нисбат ба соли 2012 дар хољагињои дењќонї (фермерї) ва корхонањои кишоварзї 1688 га ва дар бахши ањолї бошад, 804 га зиёд кишт гузаронида шудааст. Кишоварзони љумњурї асосан навъњои картошкаи "Пикассо", "Кардинал", "Санте", "Невский", "Жуковский" ва "Ред-Скарлет"-ро кишт кардаанд. Аз тарафи мутахассисон ва олимони соња муайян карда шудааст, ки соли љорї дар њамаи шаклњои хољагидории љумњурї 1 млн. 87,2 њазор тонна њосили картошка љамъоварї карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 110,4 њазор тонна зиёд мебошад…". Пас, бо ин миќдор истењсоли рекордии картошка, чаро нархи 1 килограмми он ба 4-5 сомонї расид? Куљо шуд 1 миллион тонна картошкаи рекордии ватанї? Чаро вазорату идорањои масъул, ки вазифаи таъмини ањолиро бо мањсулоти кишоварзї ба ўњда доранд, бозорро бо картошкаи ватанї таъмин карда наметавонанд? Дар ин хусус масъулини Раёсати Иттифоќи "Тољикматлубот" чї андеша доранд? Муовини аввали раиси Раёсат Иброњим Гулов ба ин суол чунин посух дод: "Нархи наво дар бозорњои љумњурї озод аст. Мо њуќуќ надорем, ки дар бозор нархи мањсулотро танзим кунем, ба љуз он ташкилотњое, ки ба "Тољикматлубот" тааллуќ доранд. Соли љорї мо 9500 тонна (аз як миллион тонна?) картошка захира карда будем. Ин захира то 25 марти соли љорї пешбинї шуда буд. Чанд маротиба ярмаркањо кушодем. Барои аз хољагињои дењќонї љамъ намудани картошка мутахассисонро ба ноњияи Љиргатол фиристодем. Мутаассифона, картошкапарварони љиргатолї иброз доштанд, ки дигар захира надорем, танњо 1-2 тонна барои тухмї нигоњ доштаем. Њамзамон дар худи ноњияњои картошкапарвар нархи ин навъи зироат ба 3 сомонї расидааст. Дар сурати харољоти роњ то пойтахт 50 дирами дигар болояш зам мешавад". Бо маќсади аниќ намудани андешаи Иброњим Гулов, љониби бозори Ќарияи Боло роњ пеш гирифтем. Дарвоќеъ, он љо 2 "Камаз" пур аз картошка аз љониби Иттифоќи "Тољикматлубот" ба савдо гузошта шуда буд, ки 1 кг картошкаи Ѓончї 3,50 дирам ва картошкаи Истаравшан 3,40

ба ин суол кї посух медињад: Кумитаи омор ва ё "Тољикматлубот"

дирам нарх дошт. Пас, роњи њалли масъала вуљуд дорад. Вале саволи дигар ба миён меояд, ки оё бо 2 "Камаз" бор ва љамъулљамъ 9500 тонна картошка љумњуриро бо ин маводи сермасраф таъмин кардан мумкин аст? Ин масъаларо Иброњим Гулов чунин шарњ дод: "��ушкилоти дигар, кам будани сардхонањост ва мо имконият надорем, ки мањсулоти кишоварзиро то моњњои апрелу май нигоњ дорем. Махсусан, картошка нозук асту зуд "неш" мезанад. Агар дар ноњияњои тобеи марказ ё худи шањри Душанбе сардхона медоштем, кор ба ин њад намерасид ва дар рўзњои болоравии нарх ањолиро метавонистем таъмин намоем. Ба њар сурат, дар шањру ноњияњо як миќдор захираи картошка дорем. Имрўз дар бозори Ќарияи Боло "Тољикматлубот" 2 "Камаз" картошкаи ватаниро бо нархи 3,50 дирам ба фурўш баровард. Дар назар аст, ки рўзњои наздик боз ярмарка баргузор намоем. Нархи навои бозорро дигар маќомот назорат мекунанд, аз љумла МИЊД шањру ноњияњо ва роњбарияти бозорњо. Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати ЉТ метавонад то андозае нархро пешгирї намояд. Ин љо нуќтаи дигарро бояд гуфт, ки тољирон ё љаллобњо чун бинанд, ки ягон мушкилї пайдо шуд, зуд нархро ба таври сунъї боло мебардоранд…".

Вале дар бозори "Дењќон"-и мањаллаи "Гипрозем"-и пойтахт гурўњи тољирон иброз намуданд, ки мо бар нархи аслии картошка њамагї 40-50 дирам мегузорем. Яъне, нархро мо - тољирон сунъї набардоштаем. Сабаби аслии гаронии картошка кам шудани вуруди он аз Покистон мебошад". Ин андешаи тољирон дар мавридест, ки тибќи фарзияи коршиносони соња болоравии ќимати картошка ба интихоботи президентии Љумњурии Исломии Афѓонистон рабт дошта, дар давраи ин маъракаи муњими сиёсї, роњ ба љониби Покистон баста шудааст. Шояд ин љанбаи масъала баста будани роњи Афѓонистону Покистон бошад. Вале чизи дигар мутаваљљењ месозад, ки дар бозорњои пойтахт мошинњои боркаши пур аз картошка низ зиёд ба назар мерасанд. Пас, картошка њаст. Аммо иллати аслии гароншавии картошка, ки мањсулоти талаботи рўзмарраи мардуми

мо ба њисоб меравад, дар чист? Ё ин танњо бозињои иќтисодии чанд тољирест, ки бозорњоро монополия кардаанд? Санаи 5 апрел барои даќиќ кардани нархи картошка аз чанд бозори пойтахт дидан намудем. Дар "Дењќонбозор"-и мањаллаи "Гипрозем" 1 кг картошкаи Мастчоњ 3,80 сомонї ва фурўши яклухти њар килои картошкаи Покистон 3,50 сомониро ташкил медињад. Вале дар бозори "Њайдарї"-и мањаллаи "Якум Советский"-и пойтахт, ки аз аввалї дар фосилаи хеле наздик љойгир аст, нархи картошка аз 4,50 то 5 сомонї расидааст. Дар бозори "Шоњмансур" бошад, нархи картошка андак арзон, аз 3,50 то 4 сомонї ва дар бозори "Саховат" 4 сомонист. Аз Вазорати кишоварзї, Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру навоњї, роњбарони бозорњо ва Хадамоти зиддиинњсорї ва дигар сохторњои марбут пурсида мешавад, ки агар захираи картошка дар кишвар мављуд бошад, чаро аз болои нархњои "сунъї" назорати љиддї намебаранд? Перомуни коњиш ёфтани истењсоли картошка дар Тољикистон дар Вазорати кишоварзї мегўянд, ки кам шудани њосили картошка аз гаронии нархи нурињои минералии аз хориља воридшаванда вобаста аст. Инро чанде аз кишоварзон низ тасдиќ карданд, ки "њосили картошка харољотро пўшонида наметавонад. Барои њосили хуб ба даст овардан бояд заминро бо ѓизои иловагї таъмин кард. Нархи як халта нурии минералї 160-170 сомонї аст. Аз як гектар замин ба њисоби миёна 235 сентнер картошка рўёнида мешавад. Сабаби ќиматии нурињои минералї аз он љињат аст, ки "Тољиказот"-и ноњияи Ёвон аз кор мондааст…". Ба дасти мо њуљљати расмии омории Вазорати кишоварзї расид, ки дар он чунин раќамњо оварда шудааст: Дарвоќеъ, барои истењсоли 235 сентнер картошка аз як гектар замин бо назардошти кулли масрафот, аз љумла нархи нурињои зикршуда, љамъулљамъ 18923,8 сомонї маблаѓ масраф мешавад, ки ин андак бештар аз 80 дирамро ташкил медињад. Ба он 1 сомониву 20 дирам нарх гузоштаанд, ки дар ин њолат низ аз 1 гектар замин 9276 сомонї фоида мемонад. Пас, чуноне ки воњима мекунанд, харољот чандон зиёд нест. Аслан њосилнокии замин дар бисёр хољагињо хеле зиёд аст ва 1,20 сомонї нархи аввалия мебошад. Далелњо ба хулосаи дигар мебаранд. Ба гуфтаи Иброњим Гулов, имрўз дар маркази картошкапарварї - Љиргатол нархи он ба 3 сомонї расидааст. Пас, дар фарќият аз 80 дирами масрафоти аслї, фоида ќариб 4 баробар зиёд шудааст! Яъне сабаби аслии гаронии нархи он ди-

гар аст. Охир то дирўз њосилро 2,5 сомонї фурўхта, фоидаи дуруст мегирифтанд-ку? Ва агар мушкилот дарвоќеъ мављуд бошад, чаро онро мањз дар мавсим як-якуним моњи пеш аз њосили нав њаллу фасл мекардаанд? Ба аќидаи мутахассисон, бо роњи аз байн бурдани андози иловашуда ва васеъ гардидани раќобат байни ширкатњои воридоткунандаи нурињои минералї, на танњо нархи нурии минералї, балки нархи мањсулоти кишоварзї ба маротиб поин меравад. Афзоиши мањсулоти ватанї аз як тараф вобастагии бозори дохилиро аз молњои хориљї пасттар намояд, аз сўи дигар аз афзоиши фурўши мањсулот ба бољи давлат фоидаи бештар хоњад дошт. Дар ин сурат њам дењќон ва њам давлат ва истеъмолкунанда суд хоњад дид ва њам амнияти озуќавории кишвар-яке аз њадафњои стратегии Њукумат таъмин мегардад. Ваќте ки мавод ба нашр омода мегашт, нафаќахўр Зубайдулло Файзуллоев, сокини кўчаи Неъмат Ќарабоеви ноњияи Фирдавсї, дар суњбати телефонї гуфт, ки њамин њоло дар бозори "Саховат"-и пойтахт 1 килограмм картошкаро бо ќимати 5 сомонї харидорї намудам. Аз ин пас картошка истеъмол намекунам. Ба оши палав мегузарам, зеро ки нархи картошка ба нархи биринљ баробар шудааст. Баракати биринљ бошад, хеле зиёд аст. Андешањои масъулини соњањои марбута ќариб якранг буда, касе сабаби асосиро ошкор карда наметавонад. Вале мошинњои пур аз картошкаи бозорњои дохилї касро ба хулосаи дигар мебарад: ё маълумоти вазорату агентињои дахлдор сањењ несту њаљми истењсолро хеле зиёд нишон додаанд ё беш аз 1 миллион тонна картошкаи љамъ оварда шуда буду онро тољирону њаннотон барваќт аз сари замин харида гирифтаанд ва барои њамин рўз нигоњ доштаанд ва њоло, чун бо сабаби зикршуда аз Покистон картошка ворид намешавад, нархро бардоштаанд. Яъне захираи картошка дар кишвар њаст, вале ин захира на дар дасти дењќоне, ки онро парвариш кардаасту бо фоидаи андак мефурўшад, балки дар дасти савдогару њаннотон ќарор дорад, ки фалсафаи зиндагиашон "бардорад, зам кун" аст. Инаш низ аниќ аст, ки захираи 9500 тонна картошкаи "Тољикматлубот" хеле кам буда, бунёди сардхонањои иловагї зарур аст. Дар чунин њолат, ки танњо вуруди маводи ѓизої аз хориљи кишвар бозори истеъмолиро таъмин ва нархро танзим мекунад, мебояд барои истиќлолияти ѓизоии кишвар чорањои муассир андешид!

Моњрухсор РАЊИМОВА


8

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Љамъбасти њафтаи китоби кўдакон Аз соли 2008 то инљониб дар саросари кишварамон, њамасола љашнвораи љумњуриявии "Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон" гузаронида мешавад. Ин чорабинї дар доираи «Барномаи давлатии рушди фарњанг дар Љумњурии Тоњикистон» бо ташаббуси Вазорати фарњанг дар заминаи Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи М. Миршакар" дар њамкорї бо Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати љумњурї баргузор шуд.

Ч

УН анъана имсол њам аз 2 то 9 апрел чорабиниињои фарњангии "Њафтаи китоби кўдакону наврасон" ва намоиши китобњо гузаронида шуд. Маросими кушодашавии љашнвора дар Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњурия вии ба но ми М.Миршакар доир гардида, дар он беш аз 200 асари бадеии бачагона ба намоиш гу-

М

АВСУФ дар идомаи суханронї аз љумла афзуд, ки маќсади асосии Ассотсиатсия ба бењдошти вазъи иљтимоии ањолии Тољикистон, бахусус дастрасии гурўњњои осебпазир ба шуѓлнокї, тањсилот, саломатї ва таъминоти иттилоотї, њуќуќї ва мусоидат барои иштироки фаъоли љомеаи шањрвандї дар демократисозии љомеа бо роњи рушди њаракати волонтёрї дар кишвар нигаронида шудааст. Дар Тољикистон њаракати ихтиёриён миёни љавонон аввалин маротиба соли 2000 ба фаъолият шуруъ намуда, нахустин ташаббуси онњо ба самти тарзи њаёти солими љавонон равона шуда буд. Вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Абдурањмон Хонов перомуни Ќонуни ЉТ "Дар бораи фаъолияти волонтёрї" чунин гуфт: «Тавре дар моддаи 16-уми ќонуни мазкур, дар боби "Фаъолияти байналмилалии волонтёрї» омадааст, "Фаъолияти байналмилалии волонтёрї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, амалї карда мешавад". Ёдовар мешавем, ки 20-уми феврали соли 2014 бо ташаббуси Иттињодияи ташкилотњои љавонони Тољикистон (ба он 117

зошта шуд. Барномаи мањфилу чорабинињои љашнвора хеле васеъ буда, намоиши дастранљи кўдакону наврасон, намоиш ва фурўши китобу рўзнома ва маљаллањои тозанашр, суњбати наврасон бо адибон, ќироати порањои шеърї аз ашъори шоирон љузъи барномаи љашнвора буданд. Хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо адибони дўстдоштаашон Алї Бобољон, Љўра Њошимї, Юсуфљон

наврасон" љалби кўдакон ба мутолиаи китоб,ташаккули мањорату малакаи хониш,ташвиќи адабиёти бачагона ва идомаи фарњанги китобдўстдорї мебошад. Њамчунин, зикр шуд, ки дар солњои оянда, адибон ва хонандагони кишварњои ба мо дўст ва њамзабон Эрон ва Афѓонистонро низ ба ин љашнвора љалб намудан лозим аст. Мавриди зикраст, ки ин чо-

А. САЛОМАТШОЕВА

Ањмадзода, Абдулњамид Самад, Муњаммад Ѓоиб, Норинисо ва дигарон вохўрда, ба пурсишњои худ посух гиранд.Баргузорї ва љамъбасти љашнвора тибќи наќша дар китобхонаи бачагонаи љумњурї ва хонањои фарњангии шањру ноњияњои гуногуни кишвар сурат гирифт. Масъулини љашнвора зикр намуданд, ки маќсади асосии баргузории Фестивали љумњуриявии "Њафтаи китоби кўдакону

ВОЛОНТЁР ИМТИЁЗ ДОРАД? Дар Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба таъсис ва муаррифии дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тољикистон нишасти матбуотї доир гардид. Зимни нишаст дар њузури рўзноманигорон раиси Ассотсиатсия Ќиёмиддин Миралиев рољеъ ба барнома, дурнамо ва самтњои асосии фаъолияти волонтёрњо зикр кард, ки њаракати волонтёрњо имрўз дар саросари дунё хеле васеъ, дар Тољикистон низ тайи чанд соли охир рушд мекунад ва љавонони зиёде мехоњанд дар соњањои мухталиф фаъолият кунанд. ташкилот аъзо мебошанд) ва шаш ташкилоти љамъиятї бо маќсади рушду такомули фаъо-

рабинии сатњи љумњуриявиро Дастгоњи КИМ ЊХДТ ва КИ ЊХДТ дар шањри Душанбе чун сарпарасти иттилоотї бар ўњда доштанд. Дар љамъбасти љашнвора масъулини Дастгоњи КИМ ЊХДТ ба як ќатор иштирокчиёни фаъоли "Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон" бо сипоснома ва мукофотњои пулию молї ќадр карда шуданд.

лияти волонтёрї ва фароњам овардани шароитњо барои дар амал тадбиќ намудани Ќонуни

Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрї" Ассотсиатсияи миллии волонтёро-

ни Тољикистон таъсис дода шуд. Ба саволи рўзноманигорон дар робита ба имтиёзи волонтёрон, раиси Ассотсиатсия Ќ.Миралиев чунин посух дод: "Ба онњое, ки ихтиёран дар касбу пешањои гуногун ба дараљаи хуб хизмат мерасонанд, дафтарчаи махсус ба сифати њуљљат дода мешавад, ки ба рафти фаъолияти онњо кўмак мерасонад. Њамчунин, тамоми зањматњо ва собиќаи кории ў дар дафтарча ќайд мегардад. Ва бо назардошти фаъолияти дусолаи кориаш минбаъд ба сифати хизматчии давлатї низ пешнињод карда мешавад".

М.РАЊИМОВА

"СУЃДИЁН"-ТАРЃИБГАРИ ФАРЊАНГИ ТОЉИКОН ДАР РУСИЯ Моњи июни соли 2009 Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Русия бо тољикони бурунмарзї мулоќ от анљом дод. Дар ин вохўрї соњибкорон, тољикони муќими минтаќањои Сибир ва донишљўён иштирок доштанд. Яке аз иштирокчиёни ин вохўрї њамватани мо, соњибкори муќими шањри Абакани Љумњурии Хакасї Љунайдулло Насруллоев буд, ки беш аз 40 сол

инљониб дар ин љо кору фаъолият дорад. Ў баъд аз вохўрї бо Сардори давлат оид ба дастовардњои тољикон дар даврони соњибистиќлолї иттилоъ гирифта, дар назди хеш маќсад гузошт, ки њамватанони дар Русия бударо, аз њар љињат дастгирї хоњад кард. Љ. Насруллоев гарчанде солњои зиёд аз ватан дур аст ва шањри Абаканро њамчун ватани дуюми худ мењисобад, тољикони муќими ин сарзаминро сарљамъ карда, фарњанг ва анъанањои куњани мардуми моро дар мин-

таќањои гуногуни Сибир муаррифї намудааст. Китоби муќаддаси Куръон, ки бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлати Тољикистон чор маротиба бо забони тољикї тарљума шудааст, ба дасти тољикони бурунмарзї низ расидааст. Њамдиёрони мо дар хориљ аз кишвар њам метавонанд озодона талаботи дини мубини Исломро ба љо оварда, хусусиятњои тарбиявї ва ахлоќии онро ба љањониён муаррифї кунанд. Бояд тазаккур дод, ки бо

дастгирии марди ќавииродаву саховатманд Љунайдулло Насруллоев дар шањри Абакан Маркази фарњангии "Суѓдиён" таъсис дода шудааст, ки дар тањкими муносибатњои тољикони муќими Сибир ва мардуми мањаллї сањм мегузорад. Њамасола љашни соли нави тољикон-Наврўз дар ин љо бо як шукўњу шањомат, бо риояи анъанањои миллии тољикон љашн гирифта мешавад. Љ. Насруллоев ба тољиконе, ки пас аз солњои 90-ум аз Осиёи Марказї ба Љумњурии Хакасї

рафтаанд ва он сарзаминро макони зист интихоб кардаанд, барои бо љойи кор ва манзили истиќоматї таъмин кардани онњо мусоидат кардааст. Боварии комил дорем, ки чунин мардони саховатпеша дар сохтмони корхонањои хурди истењсолї сањмгузорї намуда, барои бо љои кори доимї таъмин кардани њамдиёрон, аз шароиту имкониятњои мављуда самаранок истифода мебаранд.

Љ. РАЊМАТОВ


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

9

НУРИ МАЪРИФАТИ РАШТОНЗАМИН

Таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ноњияи Рашт" яке аз рўйдодњои фарањбахш дар соњаи маорифи љумњурї дар давраи аз Паёми порсолаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон то Паёми ќарибулвуќўи Сарвари давлат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мебошад. Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ноњияи Рашт муассисаи замони соњибистиќлолии Ватани мањбубамон мањсуб гардида, дар асоси њидояти Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон таъсис ёфтааст. Ректори донишкада доктори илмњои фалсафа, профессор С. Љононов зимни суњбат изњор дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ноњияи Рашт" заминањои ташкилии худро дорад. Њанўз соли 1992 Њукумати Љумњурии Тољикистон ба хотири таъмини муассисањои тањсилоти умумии ноњияњои минтаќаи Рашт бо муаллимони соњибихтисос барои кушодани шуъбаи Донишкадаи давлатии омўзгории Тољикистон дар ноњияи њамонваќтаи Ѓарм рухсат дод ва тибќи фармони вазири маорифи Љумњурии Тољикистон дар заминаи филиали ДДОТ се шуъбаи рўзона: филологияи тољик, таърих, математика, инчунин як гурўњ аз Донишгоњи техникии Тољикистон кушода шуд. Таълими донишљўён аввал дар шањраки Навобод ва сипас дар шањраки Ѓарм оѓоз ёфта, 360 нафар донишљў ба тањсил фаро гирифта шуданд. Мутаассифона, бо сабаби нооромии минтаќа моњи январи соли 1996 фаъолияти шуъба дар ноњияи Рашт ќатъ гардид.

Нигаронї

И

Н љо оё ронанда гуноњ дошт ё на, кори мо нест. Њадафи мо баррассии масъалаи дигар аст. Боиси таассу ф аст, ки мо имрўз дар аксар маврид ба кўдакон беэътиної зоњир мекунем. Бисёр ба мушоњида мерасад, ки кўдакони боѓчарав беназорат дар назди хонањояшон бозї мекунанд. Падарону модарон онњоро танњо гузошта, андеша намекунанд, ки тифли онњо ба роњи мошингард мебарояд ва ё аз дунболи касе меравад. Фаромўш набояд кард, ки мо дар пойтахт зиндагї дорем. Эњтимоли рух додани воќеоти ѓайричашмдошт сари њар ќадам вуљуд дорад. Шояд натиљаи њамин бепарвої аст, ки солњои охир кўдакрабої зиёд шудааст. Гум шудани ду кўдак аз назди Маркази савдои "Садбарг" ва чандин кўдакони дигар муддате мардумро ба тањлука овард ва њушдор дод, ки кўдакон набояд аз назари волидайн ду р монанд. Аммо ба назар мерасад, ки чунин воќеањо ба баъзе падарону модарон наметавонанд таъсиргузор бошанд. Сокини шањри Душанбе Гулбањор Рўзиева дар робита ба ин масъала ин тавр ибрози назар намуд: "Гарчанде кўдакон дар назди бинои истиќоматї бозї кунанд њам, набояд аз назар дур монанд. Наздикони онњо бояд дар канорашон бошанд, зеро њангоми бозї кўдак шояд афтад, сари роњ барояд ё эњтимол ягон њодисаи дигаре рўй дињад". Сайри кўтоње дар пойтахт ин нуктаро собит месозад, ки то чї ан-

Хушбахтона, бо роњнамоии Роњбари давлат, дархости њукуматњои ноњияњои минтаќаи Рашт ва Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба инобат гирифта шуда, моњи апрели соли 2002 шуъбањои ѓоибонаи филологияи тољик, таъриху њуќуќ, баъдан шуъбањои математика ва география кушода шуданд. Соли 2007-ум 45 нафар донишљў филиалро хатм намуда, дар мактабњои тањсилоти умумии минтаќа бо фаъолияти омўзгорї машѓул шуданд. Баъди мустаќил шудани донишкада дар ин љо корњои зиёде љињати тањкими заминаи моддию техникї, таълимию методї ва кадрї, таъсиси сохтору зерсохторњои нав ба анљом расонида шуданд. Алњол донишкада дорои се факулта ва 11 кафедра буда, дар он 15 шуъба, аз ќабили забон ва адабиёти тољик, забон ва адабиёти рус дар мактабњои миллї, забони англисї, таърих ва њуќуќ, математикафизика, математика-информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидої, химия ва биология, технология ва соњибкорї, география ва њифзи табиат, гео-

графия, бањисобгирии бухгалтерї, тањлил ва аудит (дар соњаи маориф), менељменти иљтимої, информатика ва рўзноманигорї фаъолият доранд. Раёсати донишкада љињати муљањњаз гардонидани раванди таълим бо воситањои муосири техникї пайваста талош меварзад. Айни њол дар ин боргоњи илм 106 адад компютер мављуд буда, 70 адади онњо ба 6 синфхонаи компютерї мутааллиќанд. Њамчунин дар ин љо 7 тахтаи электронї ва 7 видеопроектор мављуданд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар назди донишкада курсњои махсуси омўзиши компютер, забонњои хориљї амал мекунанд. Аз оѓози соли тањсили 2013 2014 дар шуъбањои рўзона ва ѓоибонаи донишкада 1881 нафар донишљў аз рўи 13 ихтисос ба тањ-

сил фаро гирифта шудаанд. Хадамоти мониторинги сифати тањсилот ва шуъбаи фарњанг дар самти назорати сифати таълим ва тарбияи маънавии донишљўён корњои назаррасро ба анљом мерасонанд. Дар донишкада Шўрои олимон, Шўрои илмї-методї, Шўрои кураторон, Шўрои занону духтарон, ташкилоти иттифоќи касабаи омўзгорону кормандон, ташкилоти иттифоќи касабаи донишљўён, созмони љавонон фаъолият намуда, љињати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, бењбуд бахшидани корњои илмию тадќиќотї ва хољагию молиявї наќши муњим мебозанд. Соли 2013 донишкадаро 178 нафар, аз љумла бо ихтисосњои муаллими фанни забони русї - 15 нафар, муаллими фанни забони англисї - 19 нафар, муаллими фанњои физика ва математика -

31 нафар, муаллими фанњои забон ва адабиёти тољик - 40 нафар, муаллими фанњои таърих ва њуќуќ - 49 нафар ва ѓайра хатм карданд. Ќисми тарбияи донишкада дар асоси наќшаи тањияшудаи чорабинињо ва Консепсияи миллии тарбия дар сатњи умумидонишгоњї ва ноњиявї беш аз 20 чорабинї гузаронд, ки барои тарбияи ахлоќию маънавї, фарњангї, баланд бардоштани њисси хештаншиносї, муќаддас доштани арзишњои миллї, афзун гардонидани муњаббат ва садоќат ба касби омўзгорї басо муассир буданд. Донишкада дастаи њунарии худро таъсис додааст, ки аъзои он бањри муассиру хотирмон гузаштани чорабинињои фарњангї, таљлили љашну санањои таърихї сањмгузоранд.

Мирзосафар РИЗВОНОВ

Чаро наврасонро беназорат мегузорем? Чанд рўз пеш шоњиди воќеае шудам, ки маро ба навиштани ин матлаб водор кард. Кўдакони зиёде дар кўча машѓули бозї буданд. Садои хандаи онњо дар атроф танин меандохт. Аммо лањзае баъд бо гузаштани мошини сиёње аз назди онњо љойи ин хандаи шодиомезро фиѓони дардноке гирифт. Яке аз кўдаконро мошин зад. Одамони атроф зуд гирди ў љамъ омаданд. Модараш низ њаросон њозир шуд. Кўдакро ба беморхона бурданд. Мошини сиёњ рафту маро дар ињотаи андешањо гузошт. доза бархе падарону модарон ѓамхори фарзандонашон њастанд. Аз кўдакї дур мондани баъзе наврасон аз назари волидайн бешубња барои ташаккул ёфтани гурўњњои дуздону авбошон замина мегузорад. Чунин бепарвої то дараљаест, ки дар давоми соли 2013 аз љониби судњои ноњияњои шањри Душанбе беш аз 5000 парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї, ки ба таълиму

тарбия рабт доранд, аз рўи моддаи 90-и КЊМ Љумњурии Тољикистон баррасї гардида, гунањгорон ба љавобгарии маъмурї кашида шудаанд. Дар ин бора дар шумораи №13-и њафтаномаи мо матлаби раиси коллегияи судї оид ба парвандањои маъмурии Суди шањри Душанбе Х. Табаров нашр шуда буд. Ин шумора (5000) далолат мекунад, ки то чї њад наврасон аз на-

зари волидайн ва омўзгорон дур мондаанд. Назорат ва ѓамхорї нисбат ба кўдакони боѓчарав кори падарону модарон ва масъулини боѓча аст, вале дар тарбияи наврасони мактабрав омўзгорон низ масъул њастанд. Дар ин самт наќши онњо низ назаррас аст. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бобњои алоњидае дар хусуси љавобгарии омўзгорон пешбинї шудаанд. Саволе ба миён меояд: Наврасон берун аз мактаб ба чї кор машѓул мешаванд? Љустуљўи посухи ин савол пеш аз њама моро ба нуќтањои бозињои компютерї мебарад. Чунин нуќтањо имрўз дар саросари кишвар зиёданд. Аљаб ин аст, ки барои бастани онњо маќомоти дахлдор кам кўшиш мекунанд. Ин нуќтањо ба љуз бесаводкунии наврасон, дур кардани онњо аз хониш ва фирефтани онњо паёмади дигаре надоранд. Наврасон маблаѓњои зиёдеро барои бозї дар ин нуќтањо сарф мекунанд ва ба он чунон гирифтор мешаванд, ки на дарс ба ёдашон меояду на мактаб. Ин дар њолест, ки фурўшандагони

дўконњои китоб аз набудани харидор ва кормандони китобхонањо аз набудани хонанда шикоят мекунанд. Тасаввур кунед, ба он миќдор маблаѓе, ки барои бозии компютерї сарф мешавад, чї ќадар китоб харидан мумкин аст. Чаро баъзе волидайн ба ин масъала таваљљуњ намекунанд ва ин ќадар маблаѓ барои бозии кўдаконашон ба боди фано меравад?! Пешнињоди мо ин аст, ки нуќтањои бозињои компютерї бояд баста шаванд. Дар сурати њангоми берун аз дарс ба чунин кирдор даст задани наврасон омўзгорон низ љавобгаранд. Аммо ба гуфтаи Х. Табаров ин нукта баъзе маврид сарфи назар шуда, љавобарї бештар ба зиммаи падару модар гузошта мешавад. Беэътиної ба наврасон боис шудааст, ки афкори онњо дар доираи мањдуди кўчаву бозор ташаккул ёбад. Бо афкори "кўчабозорї" тарбият кардани насли пешрафта номумкин аст. Пас, мебояд дар атрофи ин масъала хеле љиддї андеша кард. …Намедонам он кўдаке, ки аз сабаби бепарвоии волидайнаш ба мошин бархўрд, чї њол дошта бошад. Бисёр мехоњам, ки Худованд ўро њифз кунад, зеро монанди ў кўдакони аз назари падару модар дурмонда кам нестанд. Ва шояд ин гуна падару модарон минбаъд ба кўдаконашон дар њама њолат ѓамхорї кунанд. Умедворем, ки чунин хоњад шуд.

Толиби ЛУЌМОН


10

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

МУЛОЊИЗА

Љавононро бо долларњои гадої бероња накунем Мусаллам аст, ки фаъолияти созмону њаракатњои сиёсї дар такя ба ќуввањои радикалии Иттињоди Аврупо ва ИМА сурат мегирад, вобаста ба набзи сиёсати рўзи љомеаи њар давлат тарњрезї гардида, дар доираи барномањои махсус маблаѓгузорї карда мешавад.

М

АСАЛАН, институти байналмилалии љумњуриявї (IRI), ки дар маќоми ташкилоти маъмули ѓайридавлатии Украина фаъолияти густурда дошту зери пўшиши сиёсати ИМА фаъолият мекунад, барои гузаронидани тренингњо ва таъмини ќуввањои радикалї 2 миллион доллари ИМА људо кард. Њамин тариќ, барои амалї кардани сенарияи махсуси људоиандозї хољагони хориљї маблаѓгузориро барои фаъолияти њизбу њаракатњои сиёсї бе мамоният барои ба даст овардани манфиатњои хеш роњандозї мекунанд. Чанде пеш раиси ЊНИТ Муњиддин Кабирї барои чораљўї ва роњкушоиву маслињатпурсї бо Евгений Примаков мулоќот доир намуд. Њадафи вохўрии Кабирї бе шакку шубња, пайдо кардани маблаѓ бо роњи гадої аз хољагони хориљї буд.Яъне, бо василаи матрањ кардани барномањои ќуввањои људоиандоз соњиби сармоя шудан, яке аз њадафњои асосии ЊНИТ мебошад. М. Кабирї дигар аз созмонњову ташкилотњои диниву иртиљоии арабї маблаѓ ситонида наметавонад. Чунки, онњо фаъолияти Кабириву њамтоёнашро дар доираи њизби исломї, ки зарурати динии эътирофшаванда надорад, ошкор ва эњсос карданд. Баъдан, хостањои хољагони арабї дар Тољикистон аз љониби нањзатиён дар муддати 22-соли истиќлолияти давлатї амалї нагашт. Собиќ роњбаладон ва мушовирони ЊНИТ маблаѓњои људошударо ба манфиати худ истифода карданду њангоми њисоботдињї забонашон лол монд. Тавре ки њамагон медонанд, тобистони соли гузашта ёвари котиби давлатии ИМА оид ба корњо дар Аврупо ва АвруОсиё Филлип Гордон бо яке аз фаъолони оппозитсияи Русия Ксения Собчак вохўрда буд ва пас аз ин дидор кормандони маќомоти њифзи њуќуќи Русия аз хонаи ў 1 миллион евро ва 500 њазор доллари наќди дар 100 лифофа љой кардаро пайдо ва мусодира намуданд. Дастрас шудани ин маблаѓро К. Собчак шарњу тавзењ дода натавонист. Агар имрўз аз М. Кабирї заминаи маблаѓњои тиљоратиашро, ки ба бунёди биноњои истиќоматии ба фурўшмонда сарф кардааст, пурсон шаванд, аминам, ки дар тавзењи он забонаш ба комаш мечаспад. Хољагони сармоябадасти хориљї ва ќуввањои људоиандози љањони муосир аз гадоињову дар минбари фиреби назар ќарор доштани ЊНИТ дилмонда шуданду рў гардонданд. Аз ин бунбасти талбандагї М. Кабирї ба тањлука афтода, мањз барои пайдо кардани роњи њалли масъалаи молиявї мулоќот кард. Кабирї бояд эњсос карда бошад, ки дигар бо роњи гадоиву дастбўсї фаъолияти ЊНИТ бењ карда намешавад. Дигар љавонони рањгумзадаи тољик ниёз ба лифофањои доллардори ЊНИТ надоранд. Мардум дар ќиболи њушёрии сиёсї кору зиндагї доранду аз чоњи якбор афтидаашон дуртар ќадам мегузоранд.

Зафар МАЛИКОВ

МУРОЉИАТ БА МАСЪУЛИНИ ВМКБ

ÄÀÐÄÍÎÌÀÈ сокинони ноњияи Ванљ

Ба истинод ба аќидаи таърихнигорон Язѓулом мањди пайдоиши ориёиёни асил буда, зодагонаш бо хислатњои зоњирї ва рањмдилии бемисли ботинии худ фарќ мекунанд.

А

НДЕШАИ мо якбора чаппагардон ме шавад, ваќте афроде дар љомеа бархўрд мекунем, ки ба ин баѓољи маънавї ва обрўву эътибори хосаи мањал иснод меоранд. Ин њама хасоили нодир ва мусбат, бо шунидани ахбори нороњаткунандаи бунёдї кардани мафкураи асримиёнагї аз љониби Саодатшо Адолатшоев, ки худро язгуломї медонаду ба њайси раиси бахши ЊНИТ дар Бадахшон муаррифї шудааст, ба ростї наќшро ба об андохт, фикру хаёлотамонро ба солњои љанги шањрвандї бурд. Бале хонандаи азиз, манзури мо Адолатов Саодатшоњ Зиёратшоевич, зодаи дењаи Мотравни љамоати дењоти Язѓулом мебошад. Ин шахс маломати њамроњии Љумаъбойи Намангонї аљнабии тољиккушро дошта, дар солњои 1995-96 дар шањри Кобули Афѓонистон дар ситоди Њаракати исломии Ўзбекистон ёру ёвари ин гурўњи ќаттол будааст. Ба хотири риояи одоб аз фаъолияти ин бегонатабор дар Язѓулом иљтиноб меварзем, вале саодатшобаринњо чунон наќораи вафодорї ба ў мезаданд, ки гўё дар Язѓулом њазрати Љабраил нозил шуда бошад. Ин золим на танњо дар куштани дањњо нафар тољик дар Тавилдараву Рашт, даст дорад, балки дар Дашти Арчии Афѓонистон бар зидди нерўњои Ањмадшоњи Масъуд низ юриш бардошта аст. Иттилоот аз он далолат мекунад, ки чун дар ин давра њаракати Толибон дар пойтахти Афѓонистон њукмрон будааст, Адолатов њамзамон љањолати алоќањои зичи њамкориро низ бо ин вањшисуратон доштааст. Гандумнамоёни љавфурўши нањзатї аз ѓурури кўњистонии язѓуломиён сўиистифода карда, бисёр љавонони диёрро бо бањонањои бофта тањрик дода, туъмаи оташи љанг карданд. 28-уми августи соли 2013 тањти номи "Бародари язгуломї, таърих сабаќ меомўзад" дар бораи С. Адолатов аз номи сокинони ноњияи Ванљ мактуберо ќироат карда будам. Чї мавќеи созгор ба манфиатњои миллие. Дар њаќиќат мардум оќил ва доно мебошад, аз паёмадњои ногувор ва кирдори Саодатшо Адолатов пешопеш њушдор дод буданд,

Муњољират

аммо, мутаассифона, аксуламали давлатмардони вилоятро ба ин матлаб мушоњида накарданд. Ва умуман ба рафтори Саодатшо Адолатов, ки худро саркардаи бахши Њизби нањзати исломї дар Бадахшон унвон ��екунад ва дар муборизаи иттилоотии њангомапардозони дохилї ва хориљї дар арафаи чорабинињои муњими сиёсї наќши њезумпораро мебозад, чанд нуктаеро аз номи сокинони Ванљ гўшзад карданї њастем. Суханони муаллифони дастљамъї дар маќолаи номбурда дар бораи Язѓулом басо нишонрас буданд. Онњо нигоштанд: "Чуноне ки Бадахшонро дар ангуштарии Тољикистон мењрварзон нигин медонанд, водии мардхез, фарњангшумул ва мењмоннавози Язѓуломро низ ќадршиносон, бахусус сокинони дигар ќисматњои ноњияи Ванљ марвориди ягона ва мумтоз унвон мекунанд". Афс ўс, ба "шарофат", аниќтараш ба љањолати ин ќабил ашхос ба мисли Саодатшо Адолатов обрўву эътибори як ноњияи калон зери савол рафтааст. Адолатов мехоњад дар ташаккули ѓояи балво, Ванљро пештоз ва пешоњанг вонамуд кунад. Мардуми Ванљ њељ гоњ ба ин роњ намедињанд, ки дар муќобила бо давлатдории муосири тољик, наќши балвогару ошўбгарони ёѓї ва осиро бибозанд ва шодии душманони таърихии тољикаслонро дар ин марњилаи буњронї ба бор оваранд. Ањли назарро маълум аст,ки "он чи ки асл аст, истињолат (таѓйир)наварзад". Адолатов муддати тўлонист, ки шаклу нањваи харобкориро дар зењни мардуми вилоят ва ноњия бунёдї карданї аст. Ва ин њам бо тарзи ба тарафи ѓайр кашидани афкор ва афзоиши иќтидори эътирозии љомеа бо такя ба гурўњњои љиноятпеша, ки ишорааш дар боло рафт. Чун љонибдори њизби тамоюли мазњабидошта мањсуб мегардад, дар мавќеъгириаш нисбати масоили миллї таамули амиќ надошта, арзишњои барои диёри Ванљ бегонаро пахш месозад ва ривољ медињад. Эњсос намекунад, ки њама гуна ањзоби якљонибаи динї хилофи мављудияти вањдати миллат амр кардаанд ва онро дар ин роњ њарифи худ пазируфтаанд. Аз ин љост, ки тарафдорони

барљаста сохтани љанбаи динии њаёти иљтимої ба арзишњои миллї, расму анъанот нигоњи сарсарї ва сатњї доранд. Тариќати исмоилия ва њанафия, ки дар ин марзу бум такомул ёфтаанд, аз љониби ин тангназарон, ба мисли Адолатов бо пах ши аќидањои норавои тундгаро мавриди њамлаи нохушоянд ќарор гирифтанд. Онњоро ин ќабилаи торикфикрони руњонї як навъ бидъат мешуморанд. Сару либоси миллї дар чорчўби арзишњои домуллоњои ёѓї љой надорад. Давлати миллии мо, артиши миллии мо, кадрњои миллии мо пазируфтаи мазњабињо нестанд. Њатто луќмапартої ба хизмати афсарони њукуматї мекунанд, ки њамин марзу бумро 20сол бо кадом роње набошад, њифз менамоянд. Агар Адолатови нањзатї дар артиш хизмат карда бошад, бояд бидонад, ки бо чї машаќќат ин раванд тай мешавад ва он ду соли аскарї тўлонитарин ва дар айни замон хушбахттарин лањзаи њаётанд. Маќсад аз ин гуфтањо, ки шояд андаке ба дарозо кашид, ёдоварї аз рўзгори таърихї, зањмат ва мањсули намояндагони ин водии зархез мебошад. Муллоњои њизбгаро чун тарошаи аз бом афтода, сараввал дар майдони Шањидон ва баъдан дар шароити "њукумат дар ѓурбат" дар шањри Толиќон бо нохун задан ба эњсосоти мазњабї, баъзе аз намояндагони водии Язгуломро айёрона ба хуну хок оѓушта карданд. Ин аќидаи њизбсозї ва суханпардозињои бефоида аслан дар мафкураи мардуми ин диёр ангезаи таърихї надорад. Њаминњо буданд, ки шахсиятњои баобрўи диёрро, ки гироиши мазњабї надоштанд ва хусусан мансубияти худро ба њизби берешаву буми ЊНИТ њатмї намедонистанд, водор ба фирор аз ноњия карданд. Мардум бояд яќин донанд, ки аъмоли Адолатов дар Ванљ - ин сиёсати ЊНИТ аст. Мањз њамин гуна ашхос, бо кайфияти зери суоли одамгарї, таљрибаи хуношоми даврони љанги бародаркушро ин њизб барои иѓво ва тафриќа рўи кор овардааст. Шумо озмоиш кунед бо он ки мардуми Язгулом њарчанд ба аъмоли зиддимардумї ва љинояткоронааш нисбати Адолатов нафрин кунанд, аммо Адолатов барои Мањмадалї Хаит ва алалхусус љорчии машњури ЊНИТ Њикматулло Сайфуллозода ќањрамон аст. Аз ин лињоз, таќозои мо аз њукуматдорони Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон ва Саодатшо Адолатшоев ин аст, ки бо назар ба сабаќи таърихї ва пойгоњи ќавии иљтимоии давлатии мардум, ба хотири таљзия накардани шерозаи аќидатии бошандагони водии Ванљ аз вазифаи њубобї ва хасакии раиси бахши ЊНИТ дар ВМКБ даст кашанд. Ин бењтарин туњфа ба асолати Язгулому язгуломигарї дар дањаи дуюми асри XXI мебошад. Дар акси њол мо маљбур њастем, ки ба Прокуратураи генералии љумњурї арзи дод барем.

Бо эњтиром, сокинони ноњияи Ванљ И. МИРОЊАНИЕВ ва имзои боз 810 нафар

РАВАНДИ НОГУЗИРИ ЗАМОНИ МУОСИР

Муњољирати мењнатї дар шароити кунунї яке аз равандњои ногузири њаёти замони муосир ба шумор рафта, дар кишварњои рў ба рушд, аз љумла Тољикистон, њамчун раванди муќаррарї ба њисоб меравад. Дар солњои охир сафи муњољирони мењнатї ба хориљи кишвар, аз љумла Федератсияи Русия, хеле афзудааст. Тибќи маълумоти Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон сафи муњољирони мењнатї дар соли 2013 беш аз 1,5 миллион нафар шудааст. Ин матлаб ва дигар мушкилоти њаёти муњољирони тољик, бо дастгирии Созмони олмонии GIZ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзўи "Натиљањои иќтисодии муњољирати мењнатї" дар Китобхонаи миллии Тољикистон баррасї шуд. Дар кори он директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти кишвар Х.Холиќназаров, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои љумњурї С.Назриев, сардори Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон А. Бобоев ва гурўњи коршиносони кишварњои Олмон, ИМА ва љумњурињои Украина, Ќазоќистон ва Ўзбекистон ширкат варзиданд. Њамоишро Штефан Эрбер, директори дафтари GIZ дар Тољикистон ифтитоњ намуда, арз кард, ки њадаф аз баргузории љамъомад баррасии пањлўњои гуногуни муњољират ва мусоидат ба њалли мушкилоти муњољирон аст. Х.Холиќназаров зимни суханронї зикр намуд, ки Маркази тадќиќоти стратегии назди

Президенти кишвар рољеъ ба њалли мушкилоти муњољират тадќиќотњои зиёд анљом дод. Њукумати кишвар ба вазъи муњољирати мењнатї њамеша ањамият дода, барои паст намудани сатњи он тадбирњо меандешад. Аз љумла, ќарори ба наздикї баромадаи Њукумати Русия оид ба дароз кардани муњлати иљозати кор то 3 сол, намунаи ин аст, -афзуд Х.Холиќназаров. Дар љамъомад њамчунин зикр шуд, ки муњољирони мењнатї њар сол ба кишварамон маблаѓњои зиёд фиристода, дар рушди иќтисодии кишвар сањм мегузоранд. Зарур аст, ки

интиќоли пулиро ба сифати сармоягузорї табдил дода, барои рушди иќтисоди кишвар бояд истифода бурд. Аммо дар баробари ин раванди муњољирати мењнатї паёмадњои манфї низ дорад. Коршиносон таъкид доштанд, ки барои паст кардани шиддати муњољирати мењнатї, зарур аст, ки дар миќёси љумњурии мо љойњои доимии корї ташкил гарданд, музди мењнати коргарон зиёд шавад ва сатњи некўањволии мардум бењтар гардад.

А.САЛОМАТШОЕВА


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

-Маълум аст, ки сиёсати илман асосноку аз нигоњи натиљањои иљтимої самарабахш ба заминаи устувори ќонунгузорї такъя мекунад. Ба андешаи Шумо, тањкурсии ќонунгузории соњаи шуѓли ањолии љумњурї имрўз то кадом андоза устувор аст? - Аз тањлили раванди тањия, ба тасвибрасонї ва татбиќи санадњои меъёрии њуќуќии соњаи танзими муносибатњои мењнатї ва ба шуѓли муносиб фаро гирифтани ањолии ќобили кори љумњурї бармеояд, ки дар марњалаи кунунї сиёсати иљтимої дорои заминаи устувори ќонунгузорї мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки санадњои меъёрии њуќуќии соњаи мазкур љавобгўи талаботи давраи гузариш њастанд. Маълум аст, ки марњалаи гузариши њар як мамлакат аз як сатњи иќтисодї-иљтимої ба сатњи нисбатан баландтару комилтар бар асари авомили гуногун аз мамлакати дигар комилан тафовут дорад. Вазъи умумии иќтисодию иљтимоии кишвар, соњаи иќтисодиёти он, махсусан, сатњ ва сифати ќуввањои истењсолкунандаи он, муайянкунандаи дурнамо ва њадафњои асосии давлат ва ањли љомеаи он мањсуб меёбанд. Расидан ба њадаф ва сатњи рушди устувор танњо тавассути тањиясозию ба тасвибрасонї ва татбиќи сариваќтиву пурраи санадњои меъёрии њуќуќї сурат гирифта метавонад. Боиси ќаноатмандист, ки дар њуљљатњои барномавии мамлакат ба монанди Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатњи некўањволии мардуми Тољикистон барои солњои 2013-2015, Стратегияи рушди бозори мењнати Љумњурии Тољикистон то соли 2020 ва барномањои марњалавии давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї вазифањои маќомоти татбиќкунандаи сиёсати шуѓли ањолї воќеъбинона муайян гардида, роњу усулњои иљрои онњо бо назардошти махсусиятњои минтаќањо ва соњањои иќтисоди љумњурї нишон дода шудаанд. -Лутфан самтњои имрўзаи сиёсати шуѓли ањолиро шарњ медодед ва натиљањои дар ин љода бадастомадаро номбар мекардед. - Тибќи муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии соња Агентии мењнат ва шуѓли ањолии Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми татбиќкунандаи сиёсати мењнат ва шуѓли ањолї фаъолияти худро дар самтњои зайл: таъсиси љойњои нави корї; миёнаравї дар бозори мењнат; тайёрии касбї, бозомўзї ва такмили ихтисоси бекорон; дастгирии фаъолияти соњибкории бекорон; ташкили корњои љамъиятии музднок ва таъину пардохти кўмакпулї барои бекорон роњандозї менамояд.

ИЉТИМОИЁТ

11

ФАРОГИРЇ БА ШУЃЛ - САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИЉТИМОИИ ДАВЛАТ Дар марњалаи имрўзаи раванди паст намудани сатњи камбизоатї, танзими бозори мењнати дохилї ва ба шуѓли муносиб фаро гирифтани ањолї аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат мањсуб мешавад. Дар ин љода чї гуна корњо анљом дода шудаанд ва чї гуна паёмадњо ањолии ќобили кори љумњуриро дар пешанд? Рољеъ ба ин мавзўи мубрами рўз мусоњибаи хабарнигори мо Маъруфи Бобораљаб бо коршиноси масоили шуѓл ва муњољирати мењнатї, ходими пешбари илми Муассисаи давлатии "Пажўњишгоњи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї"-и Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон Савлатшоњи Ховарї манзури Шумо мегардад. Тањлили натиљањои соли сипаригардида нишон медињад, ки иљрои наќшаи солона ба андозаи 121 фоиз таъмин карда шудааст. Дар доираи татбиќи Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолї дар соли 2013 ќариб 38 њазор нафар шањрванд бо љойњои корї таъмин гардид. Аз љумла, тавассути љойњои кории бандшуда (квотањо) 2601 нафар ва ташкили корњои фардї 3487 нафар соњиби љойи кор шуданд. Дар заминаи њамкорї бо корхонаву ташкилотњо 4 њазору 663 нафар ба корњои љамъиятї ва 103 њазору 366 нафар аз њисоби маблаѓњои буљети барнома ва аз тариќи худмаблаѓгузорї дар марказњои таълими касбии маќомоти шуѓли ањолї ба омўзиши касбї фаро гирифта шуданд ва ба 7 њазору 665 нафар бо сабаби аз даст додани љои кор ба муддати то 3 моњ кўмакпулї барои бекорї дода шуд. Тавассути 685 ярмаркањои љойњои кории холї ва вазифањои озод дар соли гузашта 12 њазору 142 нафар шањрванди бекору корљў соњиби шуѓли муносиб гардид. Дар соли сипаригардида аз њисоби њамаи сарчашмањо 204 њазору 588 адад љойњои нави корї таъсис ёфтанд, ки нишондињанда ќаноатмандкунанда мебошад. -Аз нигоњи Шумо, имрўз дар соњаи шуѓли ањолї кадом масъалањои доѓи рўз мављуданд, ки њаллу фасли онњо таъхирнопазир мебошад? - Масъалањои мубрами рўзи соња дар суханронии Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифањо барои соли 2014 аз 15 январи соли равон таъкид гардида, роњњои њаллу фасли онњо низ мушаххасан нишон дода шудаанд. Сарвари давлат зимни тањлили амиќи вазъи воќеии раванди фарогирии ањолии ќобили мењнат бо шуѓли хусусияти мав-

симї ва муваќќатї доштани аксари љойњои кори дар соли гузашта таъсисёфтаро мавриди интиќод ќарор дода, онро яке аз сабабњои баъди чанд муддат афзоиш ёфтани сафи бекорон маънидод намуд ва озмуну ярмаркањои аз љониби маќомоти шуѓли ањолї баргузоргардида, инчунин пешбурди корњо доир ба касбомўзии калонсолонро љавобгўи талаботи замон њисоб накард. Ба андешаи мо, таѓйир ёфтани сохтори Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва ба таркиби он ворид гардидани муассисањои давлатии таълимии литсейњои касбњои техникї ва соњавї барои мутобиќ гардидани тарзу усули кори муассисањои ибтидоии касбї ба талаботи бозори мењнати љумњурї шароити мусоид фароњам меоварад. Дар мавриди њаллу фасли сариваќтии масъалаи бо шуѓли доимї ва муносиб фаро гириф-

Роњбаладони мавсими "Њаљ-2014" муайян шуданд Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озмуни роњбаладони мавсими "Њаљ-2014"-ро натиљагирї намуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии кумитаи мазкур иттилоъ доданд. Мувофиќи натиљаи ин озмун, имсол таќрибан 130 нафар роњбалад дар мавсими њаљ ба зоирони тољик хизмат мерасонад, ки ба 45-50 њољї як роњбалад рост меояд. Синну соли 25 то 60, донистани забони арабї, на камтар аз як маротиба зоири хонаи Худо будан ва донистани маносики њаљ аз шартњои асосии озмун мањсуб мешуд. Дар озмуни мазкур 250 нафар иштирок намуданд.

Т. ХАЛИЛОВ

тани шањрвандони бекору корљў таъкиди як нуктаи муњимро ба маќсад мувофиќ медонем. Гап сари он меравад, ки бартарафсозии мушкилоти шуѓли ањолї ва батадриљ паст намудани сатњи бекорї вазифаи фаќат як Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї набуда, он фаъолияти дастљамъона, маќсаднок ва мунтазами тамоми вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мања ллии вил оятњ о, ш ањрњ о, ноњияњо ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот мањсуб меёбад. Тибќи муќаррароти моддаи 13-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот" љамоат њамчун маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот салоњияти ширкат дар тањия ва амалї намудани барномаи минтаќавии мусоидат ба шуѓли ањолиро доро мебошад. Мутаассифона, наќши имрўзаи љамоат дар раванди тањиясозии барномаи мазкур муассир ба назар намерасад. Имрўз яке аз масъалањои бањсбарангез дар байни коршиносону љомеашиносон, иќтисоддонњову тањлилгарони бозори мењнати љумњурї, муайян намудан ва пешнињод гардонидани теъдоди аниќи бекорон дар сатњи љумњурї ва минтаќањои он ба њисоб меравад. Дар ин хусус маълумотњо хеле печида ва баъзан хилофи њамдигар њастанд.

Љињати бартарафсозии гуногуниву мухолифати арќоми марбути теъдоди бекорон мувофиќи маќсад мебуд, агар ба сархати 1-и моддаи 14-и ќонуни зикргардида ибораи "бањисобгирии теъдоди бекорон ва дар охири њар семоња ба маќомоти шуѓли ањолии ноњия пешнињод намудани маълумоти даќиќ дар бораи теъдоди бекорони њудуди шањрак ва дењот" илова мегардид. Амалї гардидани тадбири номбурда имкон медо д, ки лоињањ ои бар номањои марњалавии рушди иќтисодиву иљтимоии минтаќавї ва барномањои марњалавии мусоидат ба шуѓли ањолии вилоятњо ва шањру ноњияњо воќеъбинона, дар заминаи маълумоти сањењи нерўи корї тањия ёфта, њаљми маблаѓгузорї барои татбиќи онњо низ бо назардошти иљрои вазифањои мушаххас муайян карда шавад. Роњи дигари самарабахши бо шуѓл фаро гирифтани ањолии ќобили кор таъмини ширкати фаъолона ва мунтазами бахши хусусї дар раванди номбурда мебошад, зеро бахши хусусї барои њаллу фасл намудани масъалаи бо шуѓли муносиб таъмин намудани бекорон ва корљўён имкони бештар дорад. Сатњи нисбатан баланди музди кор, истифода аз таљњизоти муосир ва тибќи талаботи бозор роњандозї гардидани фаъолият онро љолиб гардонидаанд.


12

ЧАШМАНДОЗ

ЭЪТИРОЗИ ОММАВЇ

- ÑÀÁÀÁÈ ÈÑÒÅÚÔÎ

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз инќилобњои "ранга", ки ба чанд ранг доир гашта, ба сари президентњои мамолики араб ва Украина балоњои азим оварданд, гўё бо тањрики ишорачўби кадом як дирижёр якбора њам дар Маѓрибу њам дар Машриќ зуњур намуда, ин дафъа сари сарвазирњоро хўрдан гирифтанд. Аввалан, фишору њангомањо оќибат сарвазири Италия шахсияти дар љањон хеле маъруфро сабукдўш намуда, оќибат ўро ба мањбас расонд. Сароѓоз инќилоби Украина њам зидди ќарори њукумат ва алайњи сарвазир барои ќатъи боздошти созишномаи њамроњшавї ба Иттињоди Аврупо буд, вале баъди истеъфои сарвазир Н. Азаров, боиси аз тахт афтодани презедент В.Янукович шуд. Офарин ба сарвазир-зан Йингилак Чинават, ки њафт моњ боз ќариб нисфи Тайланд барои истеъфои ў тазоњурот мекунад, вале чун санги вазнини осиёб сабру тоќат менамояд. Кї медонад, ин муќовимат то ба кай давом меёбад?

ТУРКИЯ

А

З охири моњи март инќилоби "сарвазирхўрак" аллакай дар кишварњои абарќудрати љањон ављи тоза ёфт. Тарроњони чунин навъи табаддулот аввал дар Туркия мољароњо барпо карда, чанд вазирро ба коррупсия айбдор намуданд ва мардумро зидди њукумату сарвазир ба по хезонданд. Садри аъзам Раљаб Тайип Эрдоган вазирњои сиррашон ошкоргаштаро шитобкорона аз даргоњи њукумат ронд. Ба худи ў њам дар ВАО ишорат рафта буд. Вале президенти Туркия шитоб накард. Зеро ки интихоби мунитсипалї дар пеш меистод ва худ ба бисёр саволњо посух медод. Ба хушбахтии Р.Эрдоган, њизби ў пирўзии комил ба даст овард. Тибќи њисобњо "Њизби адолат ва рушди Туркия", ки алъон њукмрон аст, ба 46 дарсад раъйи мардум соњиб шуд. Ба Њизби љумњурихоњони мухолифи ў њамагї 28 дарсад овоз доданд. Аќидае њаст, ки дар ин ѓолибият як амали "ѓайридемократї"-и Р.Эрдоган - бастани сомонањои интернетии Twitter ва YouTube кўмак расонд. Муњим он, ки њоло ў метавонад оромона масъалањои мављударо њаллу фасл намояд. Зеро ки ягон инќилоби имрўза ягон масъалаи ба миёнгузоштаи худро њаллу фасл намекунад, вале њатман ба љангу љидол, хунрезии мардуми аксаран бегуноњ расонда, мушкилотро печидатар мегардонад ва чанд муддат кишварро аз роњи ороми рушд мебарорад. Р.Эрдоган, чун як марди хунгарми осиёї тањдид намуд, ки ба тўњматчиёне, ки сарвазирро сиёњ карданд, љазои сазовор медињад. Ў раќибони худро "террористони бо бадї иттифоќ баста" эълон намуд. Њарчанд ки баъдан Суди конститутсионии Туркия ќарори сарвазирро дар хусуси бастани сомонањои интернетї манъ кард, Р. Эрдоган изњор намуд, ки иљрои ќарори судро зарур донад њам, онро эњтиром намекунад. Зеро ки на танњо Twitter, балки YouTube ва Facebook низ ширкати тиљоратї буда, ин ќазия мебоист аввал дар суди поёнї баррасї мегашт. Инчунин,

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

дар мурофиа суд мољароњои ба ин монанди дар ИМА, Фаронса ва Испания рух додаро бояд ба назар мегирифт. Дар хусуси талаби дигари мухолифин оид ба интихоботи пеш аз муњлати президентї, Р.Эрдоган изњор намуд, ки ин њељ зарурат надорад. "То сари ќудрат омадани мо,- гуфт ў, - дар њар 16 моњ як маротиба интихобот барпо мегашт. Дар чунин шароит чї гуна давлат рушд карда метавонад"? Ба гуфти коршиносон, сарвазир Раљаб Таийп Эрдоган ва њизби ў ба интихоботи президентии ќарибулвуќуъ, ки санаи 10-уми августи соли љорї барпо мегардад ва ба интихоботи парлумонии соли 2015 бо нерўи тоза ва азми комил ворид хоњад шуд.

ФАРОНСА

М

АЪРАКАИ ошўбњои зидди њукумат дар демократитарин кишвари љањон - Фаронса низ љараён гирифт. Њизби сотсиалистии Фаронса дар интихоботи мањаллї ноком гашт ва тибќи сарќонуни ишвар, ин боиси аз љониби расиљумњури он Франсуа Олланд сабукдўш кардани сарвазир Жан-Марк Эро, ба љойи ў таъин намудани собиќ вазири корњои дохилї Манюэл Валс ва сабукдўш гаштани њайати дафтари вазирон шуд. Президенти Франсия Ф.Олланд ваъда дод, ки њукумати "зудамал" таъин мекунад. Бо маслињати сарвазири нав њайати њукумат аз нав тасдиќ шуд, вале мухолифин иброз мекунанд, ки дигаргунии љиддие ба вуљуд наомада, аслан љойи вазирон иваз гашт, 6 вазир вазифаи ќаблии худро нигоњ дошт ва њамагї ду вазири нав ба њайат ворид гардиданд: Сеголен Руаял - собиќ зављаи ѓайриникоњии президент, ки ў њам ќаблан мансабдори калон буда, дар ањди Франсуа Миттеран дар вазифаи котиби давлатї кор мекард ва Д.Ребсамен, ки то рўзи таъиноти нав мири шањр буд. Њизби экологии "сабзњо" аз њамкорї бо чунин њукумат даст кашид. Бо вуљуди ин њама, 5-6 апрел дар Фаронса мављи нави тазоњурот ба амал омад. Ба муносибати "Рўзи ѓазаб" фаъолони як ќатор созмонњои љамъиятї-сиёсї

дар шањрњои гуногуни кишвар алайњи сиёсати њукумат њамоишњои эътирозї ташкил намуданд. Махсусан, дар шањрњои Лилла ва Тулуза теъдоди бештари одамон гирд омаданд. Бо нерўњои нигањдори тартибот низ задухўрдњо рух доданд. Моњи январи соли љорї низ дар чунин гирдињамої беш аз 20 њазор нафар иштирок намуда, бо задухўрдњои мардум бо пулис анљом ёфта буд. Вале алъон эътирози мардум ба ивазшавии њукуматдорони Фаронса далолат намекунад. Охир, ин љо Фаронса аст, на Украина! Ивазшавии сарвазир бошад, вазъиятро дигар мекунад? Мусаллам аст, ки дар Ѓарб, аз љумла, дар Фаронса, чун дар Иёлоти Муттањидаи Амрико, бо иваз шудани на танњо сарвазир, балки бо бадалшавии президент низ дигаргунии куллї ба амал намеояд ва садсолањо инљониб халќу кишвари онњо аз хатти маши доимии худ намебарояд. Мутаассифона, дар кишварњои осебпазири "дуюму сеюм", хоса, љамоњири пасошўравї бо иваз шудани мансабдори ягон вазифаи калидї њамоно ошўбњо ва низоъњои таќдирсўз ба амал меоянд.

АРМАНИСТОН

С

АНАИ 3 апрел сарвазири Арманистон Тигран Саркисян барои сабукдўш шудан ариза навишту раисљумњур Серж Саргсян онро ќабул кард. Расо 6 сол пеш, 9 апрели соли 2008 ў бо ќарори президент ва љонибдории Њизби љумњурихоњон ба ин маснад таъин шуда буд. Истеъфои сарвазир аз љониби њизби мазкур низ ќабул гардид. Сабаби истеъфо дар чист? - боз њамон эътирози оммавии мардум. Ба гуфтаи коршиносон, бо ќарори њукумат аз 1 январи соли 2014, тартиби нави нафаќа љорї гардид, ки њамаи касони пас аз соли 1974 таваллудшударо фаро мегирад. Тибќи ќонуни нав, коргар ба хазинаи нафаќа 5 дарсади маоши худро (вале ба андозаи на бештар аз 60 доллари ИМА) мегузаронад ва давлат низ њамин ќадар маблаѓ ворид месозад. Барои соњибкорон њаљми он 300

њазор драм (700 доллари ИМА) таъин шудааст. Ин маблаѓгузории маљбурї барои нафаќа бисёр касонро ба шўр овард, ки барои гирифтани он маблаѓњо, хусусан њиссагузории давлат, пас аз расидан ба синни нафаќа боварї надоранд. Мављи эътирозњо баланд шуд... ва дар натиља, Тигран Саркисян аз сарвазирї рафт. Наход ки роњандозї намудани ин сохтор танњо эљоди ў бошад? Имрўзњо президенти Арманистон С.Саргсян барои таъин намудани сарвазири нав машварат мекунад.

ЌИРЃИЗИСТОН

Ч

УНИН ба назар мерасад, ки Ќирѓизистони њамсояро Ѓарб барои омўзиши амалии демократия чун асбоби аёнї истифода мебарад. Мисли Фаронса, дар ин љо низ фраксияи њизбии "АтаМекен" (Ватан), бо сабаби норизо шудан аз кори њукумат, аз иттињоди парлумонї баромад ва идомаи вазифаи сарвазирї барои Жанторо Сотиболдиев ќатъ гардид. Азбаски ягон фраксияи њизбии парлумонї - ањзоби "Ар-Намус" ("Ору Номус"), сотсиал-демократњо ва ањзоби мухолифи онњо "Республика", "Ата-Журт" ("Ватан") беш аз нисфи љойи вакилонро надорад, бояд бо њам иттињод банданд, ки ин ваќти зиёдро талаб мекунад. Жанторо Сотиболдиев, ки ўро дар Ќирѓизистон ва љумњурии мо, Тољикистон низ сиёсатмадори ботасмим ва марди ќавї мењисобиданд, ба ќавли мухолифин, ѓайр аз он, ки бар асари як низои марзї сарњадро бо Тољикистон баст ва пас аз муддате онро дубора боз намуд, ягон кори љиддиро ба анљом нарасондааст. Вале бархе ба он назаранд, ки бисёр амалњои дигар боиси кам гаштани боварї ба ў шудааст. Ба фикри мо, ба мардуми аслан некнињоди Ќирѓизистон, ки мо, тољиконро наздиктарин хешованди худ - таѓо мењисобанд ва дар тўли таърих азиятњои зиёде кашидааст, чунин "мактаб"-и ба ном "демократия" њељ зарурат надорад. Њанўз дар ањди президентии академик Аскар Акаев вай љумњурии "демократитарин" мањсуб меёфт, вале ўро барканор карданд. Мављи тазоњурот президенти дуюми он Ќурманбек Боќиевро низ сарнагун ва дарбадар сохт. Чанд рўз пеш дар ѓайбаш мурофиаи судї анљом ёфта, ўро 25 сол мањкуми зиндон намуд. Акнун дар Ќирѓизистон роњи иваз кардани сарвазирро пеш гирифтанд. Оё бо чунин роњу восита ањволи халќ бењтар мегардад? Парлумони Ќирѓизистон 2 апрел Джоомарт Оторбоевро, ки ќаблан вазифаи муовини аввали сарвазирро иљро мекард, якдилона сарвазир интихоб намуд. Бархе вазирон ва муовинони сарвазир иваз шуданд, ё љой иваз намуданд. Аз љумла, шахсони нав сари вазифа омада, Абибила Кудайбердиев вазири мудофиа ва Камила Талиева вазири фарњанг интихоб гаштанд. Њизби "Ата Мекен", ки номзадии сарвазири навро пешнињод карда буд, боз ба иттињоди аксарият пайваст. Ин иттињоди парлумонї пештар "Ырыс алды ынтымак" ("Кафолати бахт дар ягонагї") ном дошт, њоло "Мамлекеттуулукту бекемдоо учун" ("Барои тањкими давлатдорї") унвон гирифт. Чї номњои хуб... Як чиз маълум аст, ки муносибати кишвари мо бо Ќирѓизистон чандон сода нест. Бо тањрики нерўњои бадхоњ дар марзи Тољикистону Ќирѓизистон тир кушода шуд ва ќурбониён ба бор овард. Дар замоне, ки тиљорати ѓайриќонунии марзї ва њаракати гуруњњои ѓайриќонунии иртиљоию мазњабї суръати тоза мегирад ва пас аз хориљшавии нерўњои НАТО аз Афѓонистон хатари экстремистњо бештар мешавад, хуб мебуд, ки дар Ќирѓизистон њукумати босубот ва бонизом дар сари ќудрат меистод. Бинобар ин, суботи њукумат, оромии кишвар ва рўзгори шоистаи мардуми ин давлати њамсоя барои мо, тољикистониён низ муњим аст.

Љумъа ЌУДДУС


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

13

МАЊФИЛИ АРЉ

АКБАРАЛЇ САТТОРОВ: ШУМО БОЯД САД ЌАДАМ ПЕШ БОШЕД... Дар љамъомади навбатии Анљумани рўзноманигорони љавон, мулоќоти судманде бо Раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Акбаралї Сатторов баргузор шуд. Ў аз таъсис ёфтани АРЉ дар назди "Минбари халќ" чун як мактаби хосаи рўзноманигорї изњори шодмонї карда, ба кори он барор хост ва љавонони эљодкорро ба муњаббату эњтиром ба ќалам, омўзиши амиќи кори пурзањмату бошарафи рўзноманигорї даъват намуд. Зимни ибрози вазифањои имрўзаи рўзноманигорони љумњурї, ў таъкид намуд, ки дар давраи истиќлолияти давлатї журналистикаи нави тољик дар шароити басо муш-

кили љанги шањрвандї ва норасоии молиявї ташаккул ёфта, ба камол расид ва тавонист барои муаррифї ва њифзи шарафу обрўи миллат дар арсаи љањон хидмати сазовор намояд. Имрўз, ки рўзгору њаёт осуда гашта, имконоти илму технология барои рушди соња зиёд аст, зиндагї аз насли нави рўзноманигорон омўзишу омодагии касбии бештаре талаб менамояд. Он чї насли мо кард, вобаста ба имконоти замон кофї буд, имрўз шумо бояд аз мо њазор ќадам пештар равед. Њар нашрия ба суханвари нави соњибкасб эњтиёљ дорад. Дар озмуни чанде пеш барпо намудаи мо беш аз 50 нафар иштирок намуданд ва танњо ду на-

фар аз имтињон гузаштанд. Шумо бояд донед, ки дар журналистика роњи њамвор нест, танњо омўзиши пайваста ва зањмату матонат шуморо ба маќсади в оло мерасонад. Имрўз шумо пайи ном равед, нони шумо њам аз касби рўзноманигорї фаровон хоњад шуд. Дар навбати худ Раиси ИЖТ Акбаралї Сатторов ба суолњои донишљўён посух дода, изњор намуд, ки барои ба роњ мондани њамкории судманди њама эљодкорони љавон бо рўзномаву маљаллањо мусоидат хоњад кард. Инчунин, ба аъзои АРЉ дастуру китобњои њирфаї вобаста ба ихтисосњои рўзноманигорї таќдим мешавад.

Сардабири " Минбари халќ" Бахтиёр Њамдамов дар бораи мазмуну мундариљаи сањифањои нашрия, фарохии мавзуъ ва њадафњои он њикоят карда, аз љараёни кори АРЉ, навиштањои љавонон ва бештар гаштани теъдоди аъзои он, њамкории х уби масъу лини бахшњои рўзноманигории Донишгоњи миллии Тољикистон ва Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон бо нашрия

Жаргонњо - забони сохтаи мањаллї Забон воситаи муњими алоќаи байни одамон буда, яке аз рукнњои асосии миллат ба шумор меравад ва дар рушду такомули фарњангу тамаддуни халќ наќши муњим мебозад. Забони њар як халќу миллат муаррифгари њамон миллат аст ва ѓамхорї нисбат ба он яке аз самтњои муњими сиёсати давлат мебошад. Вобаста ба давру замон, вазъи сиёсию иљтимої забон низ дар њолати дигаргунї ќарор мегирад ва чун сарвати бебањои миллат рушду инкишоф меёбад. Аммо падидаи номатлубе низ њаст, ки мардум ба таври сунъї баъзе вожањои сохтаро ихтироъ намуда, боиси олоиши забон мегарданд. Онро жаргон меноманд. Жа ргон заб они сохт аи кўчагї ва мањаллї буда, ба гурўњи алоњидае хос аст. Онњо фикри худро аз тариќи жаргон ба якдигар ифода мекунанд. Аз жаргонњо хусусан љавонон бештар ист��фода мебаранд. Чандеро баррасї мекунем: жаргонњое, ки њамарўза дар дохили наќлиёти мусофирбар истифода мешавад: "бпар", "бчасп", "бардор хта". Жаргони "бпар" , шак ли кўтоњшудаи вожаи аслан тољикии "бипар" буда, ба маънои "аз наќлиёт фаро" аз забони мусофирон ва ронандагон садо медињад. Жаргони "бчасп" бошад, ба маънии "ба наќлиёт савор шав" меояд. Ибораи "бардор хта" ба

маънии "рост ист" меояд, вале дар наќлиёт њангоми халал расонидан ба мусофири дигар гуфта мешавад. Жаргонњои дигаре, ки имрўзњо дар миёни љавонон мўд шудааст, гўшхарош аст: "чокай?", "да гдеи?", "њама харай, "дар чої" мебош ад. " Чокай" -ба маънои "ањволпурсї, яъне саломатиат хуб аст, ба чї кор машѓул њастї", "дар гдеи"-аз як вожаи тољикиву як калимаи русї гирифта шудааст: "дар"- пешоянди забони тољикї аст ва "где" ба маънои куљо, яъне ба маънои "дар куљо њастї" меояд, бештар тариќи алоќаи мобилї гуфта мешавад. "Дар чої" низ ба маънои "дар куљої" истифода бурда мешавад. "Њама харай" - ба маънои "корњоят хуб аст" меояд. Ин жаргонњо бештар дар миёни донишљўён маъмул мебошанд: "лоюш чандай", "малах даркор, бе малах намеша" ва "мошин хута ниго дора". Онњо дар маљмуъ њангоми доду гирифти пора, истифода мешаванд. Маънои яке аз онњо

"муаллим нархи имтињона чанд сомонї хост" мебошад. Вожаи "бала бол" ба маънии одами дурўя меояд. Жаргонњо новобаста аз хоњиши муаллимон ва забоншиносон дар љомеа пайдо мешаванд ва мутаассифона, забони адабии тољикиро олуда месозанд. Аз ин рў, хуб мешуд, ки ба љойи онњ о аз к ал има ва и бора њои маъмулї, забони фасењу равон ва шоиронаи худ истифода барем. Набояд фаромўш кард, ки ниёгони мо тўли чандин њазор сол забони тољикиро њамчун падидаи миллї њифз карда, онро то замони мо оварда расонданд ва мо бояд ин ганљи беназирро барои наслњои оянда бо њамин покиву шевої ба мерос гузорем. Љавонону наврасон низ бояд дар њифзи забон ѓамхор ва сањмгузор бошанд.

Љовид НОЗИМОВ, донишљўи бахши рўзноманигории ДДСТ ба номи М.ТУРСУНЗОДА

Аз нашрия: Мавриди зикр аст, ки донишљўй дар маќолаи илмии худ ба мавзўи аљибе даст задааст. Жаргон, дарвоќеъ, аз ќадим вуљуд дошта, бештар хусусияти иљтимої касб менамояд. Зеро ки барои як навъ пинњон доштани асли маќсади на чандон хуби гурўње ва бо рамзњо ифода кардани фикр хидмат мекунад. Одатан вай хеле образнок ва аљиб аст. Мисол, барои президенти ИМА хабари "ба љойи лозима расида рафтани мусофир" маънои аз санљиш хуб гузаштани ракетаи ядрої буд. Дар соли 1944 тавассути почта сурати худро ба президенти ИМА фиристодани И.Сталин маънои онро дошт, ки лашкари шўравї дар љанг комёб гашта, аз сарњади пешинаи Иттифоќи Шўравї баромада, ба Аврупо расид. Вале дар ин "љода" њамдиёрони мо намунањои на чандон хубе меофаранд. Мисол, жаргонњои имрўзаи тољикї чун "девона" ё "гарени" бо њазл ситоиш кардани одамонро ифода мекунад ва ба њадди муѓлаќ мерасад. Боре як нафар чунин шикоят кард: ба як марди эронї, ки устои антеннаи параболї зарур будааст, ба маѓозаи антеннањо даромада, номи нафареро гирифта пурсид. Он шахсро нишон доданд. Марди эронї ба ў нигариста, пурсид, ки антеннаи мазкурро таъмир карда метавонад? Усто љавоби ќонеъкунанда дод. Ва боз марди эронї бо шубња пурсид, ки "Девона нестї?" Албатта, бо чунин оњанги љиддї пурсидани марди мењмон шояд боиси низоъ мегашт. Бинобар ин, бо њайрат сабаби чунин суолро пурсиданд. Марди эронї бештар музтариб шуда, гуфт, ки ваќте усторо пурсид, чанд нафарро тавсия доданд, вале илова карданд, ки "девона" аст! Тааљљуби мењмон аз он бештар гашт, ваќте ба ў фањмонданд, ки ин як намунаи ситоиш аст: маънои "устои девона" - устои таъмиргари хеле донову кордон ва бењтарин будааст. Маълум нест, ки ин жаргонњоро кї бофта мебарорад, вале ваќт нишон медињад, ки дар мураттаб сохтани он низ фарњанги бештаре зарур буда, љомеа бояд ба онњо кўр-кўрона таќлид накунад. ФИКРИ ШУМО ДАР ИН ХУСУС ЧИСТ?

изњори ќаноатмандї намуд ва иттилоъ дод, ки дар ин шумора мањсули эљоди аъзои АРЉ нашр мегардад. Барои дастгирии љавонон ба навиштањои онњо њаќќи ќалами хуб дода мешавад ва дар охири сол се нафар аъзои фаъоли АРЉ бо љоизањои нашрияи "Минбари халќ" сарфароз мегарданд.

«МХ»

Дониш ва маърифат сарвати маънавии њар як инсон ба шумор меравад. Дониш мисли нурест, ки аз миёни зулмот моро рањо месозад ва ба роњи рост њидоят намуда, ояндаамонро дурахшон мекунад. Донишро бузургони мо чароѓи равшан ва бар тан љавшан номидаанд. Њамарўза тариќи ВАО аз бадахлоќї ва љинояткории бархе аз наврасону љавонон сухан мераваду маќолањо иншо мегардад.

Фаќри ИЌТИСОД ба фаќри МАЪНАВЇ сабаб нест Вале ин масъала то њанўз њалли худро наёфтааст. Бо насињати хушку холї ба матлаб расидан ѓайриимкон аст. Яке аз сабабњои асосии ба корњои ношоям даст задани наврасону љавонон ин аз китоб дур мондани онњост, ки инро дар фаќри иќтисодї мебинанд. Аммо ин бањона наметавонад њаќиќатро пинњон намояд. Зеро ки таърихро инкор карда намешавад. Дар гузашта аксари орифону донишмандон, пайѓомбарон, олимону адибон фаќирона зистаанд. Лекин дар мушкилтарин вазъияти иќтисодиву сиёсї ва љангњои беохир онњо асолати миллиро аз даст надодаанд. Пайваста омўхтану эљод намудан шиорашон буд. Мањз ин боис гашт, ки асарњои гаронбањое ба монанди "Ќонуни тиб", "Бўстон", "Гулистон", панду андарзњои Рўдакї, Љомї, Носири Хусрав ва дигар шоирони забардасти тољик падид омада, то њол дар тарбияи мардуми љањон сањм доранд. Дар Амрико таљлил гардидани "Рўзи Рўдакї" ва аз љониби амрикоињо шиор донистани ин байт далели ин гуфтањост: Дониш андар дил чароѓи равшан аст, В-аз њама бад бар тани ту љавшан аст. Магар дар замони онњо чунин тараќиёти техникї вуљуд дошт? Њатто барќ набуд. Вале дар он айём Сино илми тибро ба кадом зинањо расонд?! Нафареро мешиносам, ки дар мактаб њатто китоб хонда наметавонист. Феълан дар яке аз донишгоњњои бонуфуз тањсил дорад. Албатта, бо њар восита метавонад, соњиби диплом гардад, вале гап дар бораи ояндааш меравад ва аз чунин муаллими бесавод чиро интизор шудан мумкин аст? Бархе аз донишљўён ба љои китобхонї бо телефон ва дигар намудњои алоќаи электронї дуру дароз суњбат карда, сари ваќт ба дарс њозир намешаванд. Ќисми зиёди донишљўёни мо аз кўњистони дурдаст буда, волидон бо умед онњоро ба хондан фиристодаанд, аммо аксарияти онњо парвои чизеро надоранд. Дар ин љо гуноњи устодон низ њаст, ки ба хотири касе, ба саводи донишљў ањамият намедињанд. Њангоми суњбат бо чанде аз шањрвандон онњо иброз доштанд, ки дар давраи Рудакї њам китобхон китоб мехонду танбал танбал буд ва њоло низ чунин аст. Шояд ин фикр як андоза дуруст бошад. Вале мусаллам аст, ки љавони босаводро ягон нафар ба роњи бад бурда наметавонад. Ў ба дасисаи касе эътибор намедињад ва ба ягон гурўњи тундрав низ аъзо намешавад. Чун њамеша, мањз, онњо номбардори давлату миллат мешаванд.

Њафиза БОБИЕВА, донишљўи ДДСТ бв номи М.Турсунзода


14

Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Музофот

Маънавиёт

×ÀÐÎ ÊÈÒÎÁ ÍÀÌÅÕÎÍÅÌ? Тарбияи насли наврас дар рўњияи худшиносиву ватандўстї аз муњимтарин вазифањои волидайн ва омўзгорон ба шумор меравад. Ин нуктаро Сарвари давлат борњо таъкид кардааст. Дар ин росто китоб њамчун рањкушо ва равшангари аќлу идроки насли наврас наќши хеле муассир дорад. Аммо мутаассифона, таваљљуњи љомеа имрўз ба китоб (махсусан китобњои бадеї) камтар шудааст. Дар робита ба ин масъала адиби бачагон Рањмони Бобо ба идораи нашрияи мо омад. Тавре худи ў мегўяд, барои адибон паст шудани мавќеи китоб яке аз масъалањои дардноктарин мањсуб мешавад. Рањмони Бобо адиби бачагон аст. Ў муаллифи 28 китоби бачагона буда, барои наврасон шеър эљод мекунад. Суњбати мо бо ин адиби пурмањсул таќрибан як соат тўл кашид. Ў гуфтугўро чунин оѓоз кард: "Мутаассифона, имрўз чоп ва фурўши китоб хуб ба роњ монда нашудааст. Барои чопу фурўши он адибон бо мушкилоти зиёд рўбарў мешаванд. Дар замони Шўравї Кумитаи матбуот, табъу нашр ва савдои китоб буд, ки ин масъаларо ба зимма мегирифт. Њоло ин Кумита вуљуд надорад. Аз ин рў нашри китоб душвор шудааст". Мавриди зикр аст, ки Рањмони Бобо дар ањди Шўравї дар шуъбаи савдои љамъияти "Тољикматлубот" фаъолият кардааст. Аз ин љост, ки њангоми суњбат низоми савдои он замонро ба ёд оварда, чунин гуфт: "Дар замони Шўравї нашри китоб осон буд. Китоб бо

дарназардошти дархости хонандагон ба табъ мерасид. Дар матлубот гурўњи махсусе буд, ки бо савдои китоб сару кор дошт. Аввал аз хонандагон талабнома гирифта, баъд китобро нашр мекарданд. Китобњои фаннї бо теъдоди 3-5 њазор ва китобњои бадеї 15-20 њазор адад нашр мешуданд. Китобњои бачагона бошанд, бо теъдоди 40-50 њазор ба табъ мерасиданд. Тарѓиби китоб хуб ба роњ монда шуда буд. Нархи он низ арзон буд". Мењмони мо бо таассуф изњори нигаронї кард, ки имрўз ин низоми савдои китоб барњам хўрдааст ва адибон бо мушкилоти моддї мувољењ шудаанд. Имрўз муаллиф наметавонад китобашро фурўшад,- мегўяд ў ва як сабаби аслии сард шудани савдои китобро ба хусусї шудани дўконњои китоб вобаста медонад: "Дўконњои шахсї зиёд шудаанд ва фурўшандагон ба китобњо нархи дилхоњашонро мегузоранд. Дўконњо ба њељ ваљњ набояд шахсї бошанд". Рањмони Бобо тўли њафт сол дар муассисаи таъминот ва савдои китоби назди Вазорати фарњанг низ фаъолият намудааст ва аз низоми нави савдои китоб бештар огоњї дорад. Аз ин хотир ин масъала ўро пайв��ста ба ташвиш меорад ва беќадрии китоб ѓамгинаш мекунад.

Њамсуњбати мо рољеъ ба вазъи китобњои бачагона низ изњори назар карда, аз љумла гуфт: "Китобњои бачагона бояд дархури завќи кўдакон бошанд. Мутаассифона, имрўз сатњи ин кит обњо хеле паст аст. Китобњо бо шиносбозиву миёнаравињо чоп мешаванд". Масъалаи дигаре, ки њамсуњбати мо матрањ намуд, сифати китоб мебошад. Ў иброз дошт, ки имрўз китобњои хушсифат дар хориља ба чоп мерасанд, зеро дар кишвари мо чопхонањое, ки бо сифати баланд китоб чоп кунанд, нестанд. Њамзамон мењмони мо ба ин назар аст, ки яке аз сабабњои ба фурўш нарафтани китобњо гаронии нархи онњо мебошад, ки аксари хонандагон имкони хариди онро надоранд. Ба замми ин, дўконњои ноњияњои дурдасти кишвар бо китоб таъмин карда намешаванд. Њамчунон ў афзуд, ки дўконњои китоб имрўз ба маѓозањои хўрокворї табдил ёфтаанд. …Солњои зиёди зиндагї ва фаъолияти њамсуњбати мо дар замони Шўравї сипарї шудааст. Барои насли ў Китоб ва Сухан арзиши хеле воло доранд. Аз ин рў, беќадрии ин арзишњои волои инсонї онњоро бетараф намегузорад. Рањмони Бобо барои бењтар шудани вазъи савдои китоб чанд пешнињоди худро баён дошт, ки ќобили мулоњиза мебошанд: 1) Кумитаи савдои китоб бояд таъсис дода шавад; 2) Њама дўконњои хусусии китоб давлатї карда шаванд; 3) Тарѓиби китоб хуб ба роњ монда шавад. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба ин масъала дар њафтаномаи "Минбари халќ" матлабе бо номи "Чаро бозори китоб сард аст?" ба табъ расида буд. Дар ин маќола дар посух ба саволи мазкур масъулини "Тољикматлубот" гуфта буданд, ки фурўши китоб ба талаботи бозор вобаста аст. Агар бозор ба китоб ниёз дошта бошад, он бештар ба фурўш меравад. Аммо харидор ва хонандаи китоб хеле кам шудааст. Ин боиси сард шудани савдои китоб гардидааст. …Мењмони мо бо вуљуди њама мушкилоти марбут ба китоб даст аз домани эљод намекашад. Ў барои наврасон эљод мекунад ва бовар дорад, ки бо мурури замон мардум дигарбора ба китоб рўй меоранд. Т. ХАЛИЛОВ

Ќарнњои зиёде чунин падидањои таърихї, ки мероси таърихии ниёгони мо дар онњо нуњуфтаанд, зери хок хобида, ба фаромўшї расида буданд ва яке аз онњо бо кўшиш ва зањматњои бостоншиноси барўманди тољик, доктори илмњои таърих Юсуфшоњи Ёќубшоњ эњё гардида, аллакай шукўњ ва шањомати он аз хоки љумњурї берун баромадааст. Ин бозёфти њафриётии Шањшања ва ё Каррон мебошад. Ин диж асрњои тўлонї маркази шоњигарии Дарвоз ба шумор рафта, дар шароити кунунї боиси ифтихори халќи тољик аст.

ЌАЛЪАИ ШАЊШАЊА

О

Н диж чун афсонае дар дили мардум нуњуфта буд ва онро аз насл ба насл наќл менамуданд. Ќалъа тарихи куњан дошта, 4 њазор сол пеш, яъне њазораи 2-юми пеш аз мелодро дар бар мегирад ва асрори он зиёда аз 500 сол боз дар зери сангу хок нуњуфта, ба чарогоњи чорпоёни сокинони дењаи Рузвай табдил ёфтааст. Мардуми ин дења ривоятњоро оид ба ќалъаи кўњна каму беш медонистанд, аммо аз асрори он хабаре надоштанд. Дар ин бора андаке сухан дар китоби "Таърихи Дарвоз"-и Њайдаршоњи Пирумшоњ рўи ќоѓаз омадаасту халос. Ќалъаи Каррон - Шањшања дар ќисмати шимолу шарќии дењаи Рузвай дар масофаи тахминан 1,5 -2 км аз соњили дарёи Панљ болотар љойгир аст. Ба андешаи Юсуфшоњи Яќубшоњ ин диж таърихи 4 њазорсола дошта, дар таърихи халќи тољик ва умуман Осиёи Марказї куњантарин бозёфт ба шумор меравад. Бозёфтњо шоњиди њоланд, ки таърихи ин дижи кўњна ба таърихи оини зардуштиён њамбастагии ќавї дорад. Бо ифшои далелњои таърихї, ин ќалъа њудуди васеъро дар бар мегирифтааст ва аз сабаби хушк шудани оби чашмањои гирду атрофи он, маркази шоњигарї ба дењаи Ќалъихумб кў чонида шудааст. Оид ба ин ќалъа байни мардуми Дарвоз ривоятњои зиёде мављуданд. Гўё Шањшања хоњари Ќањќања, ки дижаш њоло дар ноњияи Ишкошим љой гирифтааст, мебошад, ва њар боре ки ў ќоњ-ќоњ механдидааст, хоњараш Шањшања медонистааст, ки њоли бародараш хуб аст. Албатта, ин ривоят аст, вале шояд заррае њаќиќати таърихї низ дар он бошад. Сабаби Каррон ном гирифтани диж, ки он маркази шоњигарии Дарвоз ба шумор мерафт, албатта, њаќиќати таърихї ва илмї дорад, чунки ба гуфти Юсуфшоњи Ёќубшоњ, чунин вожањо дар китоби "Авасто" зиёд мебошанд. Боиси фахр аст, ки калимаи "каррон" маънои "фарри шоњї" , "шоњигарї" ва давлатдории мардуми Дарвозро ифода карда, мумкин аст, истилоњи русии "каррона" аз њамин калима гирифта шуда бошад. Њоло бо роњбарии Юуфшоњи Ёќубшоњ ва ходими бахши фарњанги маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия Акбаршоњи Њайдар љустуљў ва ковишњо идома доранд. Ќалъа дар баландие љой гирифта, њавои тоза дорад ва дар гузашта гирду атрофи он девори баланде доштааст. Аз болои ќалъа 4 самти гирду атроф дар масофаи хеле дур намоён аст. Дар ќисмати шарќии он

то дењаи Кеврон, ѓарбии он то дењаи Зингу Умарак, шимоли он то минтаќаи мавзеи Дашти Луч, дар љануб то Нусайи Афѓонистон намоён аст, ки барои муњофизати он хеле муфид буд. Даромадгоњи диж бо ќалъаи сангин шуруъ гардида, андаке дуртар дар сатњи он маъбади Зардуштиён бо услуби доирашакл,дар баландии баробар ба бинои чорошёна љойгир буда, дар самти љануби он дар баландии тахминан 200-250 метр утоќњои шоњї ва дарбориён мустаќар аст. Бозёфтњо шоњиди онанд, ки сокинони диж то ќабули дини ислом дар маслаки Зардуштия будаанд. Дар сањни майдони диж, ки ковишњо акнун оѓоз гардидаанд, љойи чавгонбозї, ибодат ва вазъгўйи шоњи он, тахти шоњ ва лавњаи сангини он, ки порањои китоби "Авесто" -ро гузошта, ваъз мегуфтаанд, пайдо гардида, таљдид шуда истодаанд. Маъбад аз хишти пухта, санг, гил ва чўби арча дар шакли доира бо мањорати хеле баланд сохта шудааст,ки ба ќавли Юсуфшоњи Ёќубшоњ тарзи сохтани он пурасрор ва рамзист, ки бинандаро ба њайрат меоварад. Њоло ќисмате аз маъбад аз зери хок бароварда, тоза карда шудааст. Дар сохтмони маъбад ва утоќњои шоњї хишти пухта истифода шудааст, ки хоки он аз мавзеи Дашт ё Вахёзамин оварда шуда, тарзи пухтанаш аз санъати баланди меъмории мардуми Дарвоз дарак медињад. Сангњои ќалъа аз рўи баъзе гуфтањо, аз Ванљ дар болои амудњо, тариќи дарёи Панљ то дењаи Рўзвай оварда, ба ќалъа интиќол дода шудаанд. Бо роњбарии Юсуфшоњи Ёќубшоњ ва зањмати љавонони дарвозї муддати мадиде ковишњо ва таљдидкунињо љараён дошта, бозёфтњои зиёде аз ќабили кўзаи сангин, табаќи наќќошї, хумњо, лўлањои ќубурњои гилї, чароѓдон, порањои зиёди зарфњои кулолї аз зери хок ёфта шудаанд. Ин бозёфтњо ќимати бузурги таърихї дошта, аз гузаштаи мардуми тољик сањифањои нави зарринро мекушоянд. Њоло оѓози кор аст ва ковишњо ба сўйи ганљи шойгон, ки зери хоку ќалъасанг ва деворњои дижи Шањшања нуњуфтааст, дар ояндаи наздик шоњиди пайдо гаштани бозёфтњои дигари пурќимати таърихї хоњад гашт. Аз эњёи диж муддати хеле кўтоње гузаштааст, аммо аллакай бозёфтњои он боиси таваљљуњи њориљиён ва ташрифи бевоситаи онњо ба ин мавзеи таърихї гардидааст.

Давлатбек АБДУХОЛИЌОВ, омўзгори фанни таърихи мактаби раќами 3-и ноњияи Дарвоз


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

Б

О МАЌСАДИ таъмини амнияти озуќаворї дар мамлакат тадбири зиёд андешида мешавад. Дигар кардани шаклњои хољагидорї ва ислоњоти замин аз љумлаи ин тадбирњост. Њадафи нињоии ин ислоњот муњайё кардани шароити бењтар барои зиндагии осудаи њар як сокини љумњурї мебошад. Ба масъалаи азнавташкилдињии хољагињо Президенти мамлакат, муњ тарам Эмомалї Рањмон пайваста дахл намуда, таъкид мекунад, ки истифодаи оќилонаву самараноки замину об манбаи асосии таъмин кардани корхонањои саноатї бо ашёи хом ва самти афзалиятноки зиёд кардани иќтидори содиротии мамлакат ба шумор рафта, омили муњими таъмини амнияти озуќавории мамлакат мебошад. Дењќононе, ки соњиби порчаи замин гардидаанд, ба пуррагї манфиати мустаќилона хољагидорї карданро дарк кардаанд. Онњо кўшиш доранд, ки бо хости худ заминро истифода баранд ва аз натиљаи корашон фоидаи зиёдтар бигиранд. Дар давоми солњои охир ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї вусъати тоза пайдо карда, хољагињои калон тањти азнавташкилдињї ќарор мегиранд. Талаботи замон аст, ки имрўз дар вилояту навоњии мамлакат љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон, аз 30 июни соли 2006, №1775 "Дар бораи тадбирњои иловагї оид ба азнавташкилдињї ва ислоњоти ташкилотњои кишоварзї" тадбирњои мушаххас андешида мешаванд. Азнавташкилдињии хољагињо дар вилояти Хатлон њам вусъат ёфта, то имрўз бештар аз 60 њазор адад хољагї ташкил карда шудааст, ки аксари онњо оилавию инфиродї мебошанд. "- Имрўз дар шањри Кўлоб бештар аз 1300 адад хољагии дењќонї фаъолият менамояд,мегўяд муовини аввали раиси шањри Кўлоб Файзалї Ќурбонов.- Бо дастгирии Маркази минтаќавии Лоињаи баќайдгирї ва системаи кадастри замин мо тавонистем, ки аксар хољагињои калонро тањти ислоњот ќарор дињем ва дар муддати кутоњ њазорњо дењќонон аз љониби ин лоиња ба таври ройгон соњиби сањми худ гардида, мустаќилона хољагидорї мекунанд. Натиљаи ислоњот аст, ки соли гузашта сокинони шањри Кўлоб бо як ќатор навъњои мањсулот худро пурра таъмин карданд ва инчунин ба берун низ натиљаи зањматашонро бароварданд. Дењќонон махсусан истењсоли пиёз, сабзї ва ѓаллаю картошкаро афзуданд. Масалан, соли гузашта дењќонони мо аз заминњои обї 50-55 сентнерї

Н оми пеши наи Истар авшан

15

ЉАРАЁНИ ИСЛОЊОТИ ЗАМИН

Наќши хољагињои дењќонї

би фурўши себ мо фоидаи хуб ба даст меоварем. Ин шакли хољагидорї на танњо ба ман, балки ба дигар дењќонони ноњияи куњистони мо писанд аст. Мо агар соли гузашта 25 њазор сомонї фоидаи соф гирифта бошем, имсол он хеле хоњад афзуд, чунки барои гирифтани фоидаи бештар мо замина гузоштаем." Хољагии дењќонии "Њољиён", аз љамоати дењоти "Ѓайрат"-и ноњияи Фархор соли 2011 ташкил шудааст. Он 3 гектар замини обї дошта, бо љалби 4 нафар сањмдор соли 2011 ташкил карда шуд. Дар майдони 0,9 га боѓ бунёд карда шудааст. Њар сол дар майдони 1,15 га замин гандуми навъњои серњосил кишт карда мешавад, ки њосилнокии он аз 45-50 сентнерї кам нест. Дар масоњати 0,15 га хољагї гармхона бунёд намуда, дар авали бањор ба бозор сабзавоти тару тоза пешкаш мекунад. Соли гузашта дар гармхона 3 њазор нињоли бодиринг, 3 њазор нињоли помидор ва 2 њазор нињоли ќаланфури булѓорї парвариш карда, аз як буттаи бодиринг 3 килограммї, помидор 3,5 килограммї, ќаланфури булѓорї 3 килограммї њосил рўёнд. Даромади софи солонаи иќтисодї 35-40 њазор сомониро ташкил медињад. Хољагии дењќонии Њољиназар аз љамоати дењоти Дењбаланди ноњияи Муъминобод дар майдони 30 гектар замин ташкил карда шудааст. Самти асосии фаъолияти хољагї боѓдорї буда, дар ќатори ин ба соњаи чорводорї низ машѓул мебошад. Минтаќаи љойгиршудаи хољагии дењќонї барои бунёди боѓ мусоид мебошад. Њоло дар 4 гектар боѓи себу гелос бунёд карда шудааст, ки дар арафаи њосилбандї мебошанд. Хољагї ба сабзавоткорї ва парвариши картошка низ диќќати љиддї медињад,-мегўяд сарвари хољагї Њайдар Рањимов. Мо њамасола аз фурўши сабзавот ва картошка фоидаи хуб ба даст меоварем. Чорводорї дар хољагии дењќонї мавќеи муњим дорад. Дар ин љо 10 сар гови љўшої ва 10 сар љавона парвариш карда мешавад. Шири истењсолнамуда, ки њар шабонарўз 100 литрро ташкил медињад, ба ташкилоти љамъиятї -истењсолии "Замзам" барои коркард фурўхта мешавад. Теъдоди чунин хољагињои дењќонии оилавию инфиродї, ки дар афзоиши мањсулот сањм мегузоранд ва таљрибаи онњо шоистаи дастгирист, сол аз сол дар минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон зиёд мегардад ва ин аст намунае аз натиљаи ислоњоти замин ва хољагидорї.

дар афзоиши мањсулот (Назаре ба фаъолияти хољагињои дењќонї дар минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон) ѓалла истењсол карданд. Онњо аз имкониятњо самаранок истифода бурда, кўшиш доранд, ки ба соњањои дигар бештар рў оваранд. Хољагињо ба рушди боѓдорї, чорводорї ва моњипарварї эътибор дода истодаанд. Мо ислоњотро идома медињем ва боварї дорем, ки то охири соли равон дар шањри Кўлоб теъдоди хољагињо ба 2 њазор адад мерасад. Инчунин, бояд ќайд кунам, ки барои ба маљрои муайян ворид кардани кор дар шањр наќшаи тараќќиёт барои солњои 2014-2018 тартиб дода шуда, барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод гардидааст. Агар ин наќша дастгирї ёбад, бо истифодабарии самараноки замину об на танњо истењсоли мањсулоти кишоварзон зиёд мегардад, инчунин корхонањои гуногуни коркарди мањсулот сохта шуда, чанд њазор љойи кории нав пайдо мешавад". Боиси дастгирист, ки хољагињои зиёд малакаю таљрибаи зиёд андўхта, љињати инкишофи истењсолот роњњои навро истифода мебаранд. Масалан, хољагии дењќонии Саидањтам аз љамоати дењоти Кўлоби шањри Кўлоб 15 гектар замин дорад. Хољагї ба рушди чорводорию моњипарварї бештар эътибор медињад. "- Хољагии мо барои рушди ин соњањо имконияти зиёд дорад, -гуфт њангоми суњбат сарвари хољагї Љ. Муродов.- Сањмдорони хољагї ба хубї медонанд, ки аз инкишоф додани соњаи моњипарварї ва истењсоли ширу мањсулоти дигари чорво фоидаи бештар гирифтан мумкин аст. Медонем, ки соњањо зањмати зиёдтарро металабанд, аммо талабот ба мањсулот низ дар бозор хеле зиёд аст. Аз ин љост, ки чорвои хушзот парвариш мекунем ва инчунин барои зиёд кардани моњї моњичањоро низ аз хољагињои махсуси моњипарварї оварда, афзоиш медињем. Дар оянда ният дорем, ки худамон барои инкишоф додан моњича тайёр намоем." Дар њаќиќат, барќарор кардани соњаи чорводорї дар шањри Кўлоб аз корњои муњим мебошад ва метавонад ба хољагињо даромади

бештар оварад. Дар баробари ин, рў овардан ба соњаи нав ба монанди моњипарварї низ аз соњањои сердаромад ба шумор меравад. Дар дигар навоњии минтаќа низ хољагињои навташкили дењќонї бо истифода аз таљрибаи пешќадам корро ба роњ мемонанд ва ба комёбї ноил мегарданд. Масалан, хољагии дењќонии "Дашти меш" аз љамоати дењоти "Љонбахт"-и ноњияи Ховалинг соли 2008 ташкил шуда, дорои 170 гектар замин мебошад. Замини хољагї лалмї буда, барои чарогоњ пешбинї гардидааст. Хољагї 4 нафар сањмдор дошта, ба чорводорї нигаронида шудааст. Сарвари хољагї Љ. Давлатов гуфт, ки даромаднокї њар сол ба њисоби миёна 30-35 њазор сомониро ташкил медињад. Хољагї маќсад дорад, ки аз њисоби фурўши аспњои хушзот ва моли майда, махсусан гўсфандони зоти њисорї, њам зоти чорво ва њам саршумори онро афзун гардонад. Дар шароити кўњистон чорводорї нисбат ба дигар соњањо фоидаи зиёдтар меоварад. Хољагии дењќонии Зайдулло аз љамоати дењоти Шўроободи ноњияи Шўрообод соли 2008 дар майдони 11 га замини лалмї бо љалби 3 сањмдор ташкил шудааст. Шароити иќлимро ба инобат гирифта зањматкашони он дар назди ху д маќсад гузоштанд, ки ба соњањои боѓдорї, ѓаллакорї ва чорводорї машѓул шаванд. Сарвари хољагї Шариф Азизов мегўяд, ки онњо дар 2 гектар боѓи себ бунёд кардаанд. Њар сол дар майдони 3 гектар ѓалладона-гандум ё нахўд кишт карда мешавад. Замини чарогоњ 5 гектар аст. "Мо кўшиш дорем, ки дар навбати аввал талаботи сањмдоронро бо мањсулот ќонеъ гардонем,- изњор дошт сарвари хољагї. Аз ин љост, ки ба кишти картошка ва зироати лўбиёгї низ диќќат медињем. Алњол мањсулоти чорво фаќат барои талаботи худї истифода мегардад, аммо дар оянда соња васеъ карда шуда, маќсад дорем шир ва гўшти хушсифат ба бозор барорем. Њар сол аз њисо-

Сар ф аро з, ифтихор манд

М. ЌУРБОНОВА

Ќасос, ниќ ор

Тар њ, наќш а

Азизу мўъ табар

Б анд, ќапќон, тў р

Њам, инчунин

Халќи соњили Исиќкўл

Бебањ ра, бенасиб

Ба з абон овардан

Хонум, бону

Бозї бо ракеткањо

Моњи тобистон

Нотарс, далер

На м оя нда и х ал ќи ят да р Ис пан ия

Ш ањр дар љануб и Иро ќ

Ма вс ими гулкунї

М уњаббат, мењр

Њаљљи асѓар Ду ду ѓуб ори ша њрњо и с аноатї

Ма ќомот (р усї )

Бехудї аз хурсандї , ѓоят и ш авќ

Д аъват ба нам оз

Зулфия ..., шоира

Б озии рўимизї «Н уќта и бала нд»-и оња нг

Шир кати телефони и «ТК…»

Коргардони машњури кинои шўравї

... Т вен, нав исандаи амрико ї

Пеш аз ид

С обиќ ро њбар и Чин … Т зедун

Д ар ё и љ орї аз Чи н б а Ќ азоќи сто н

"Таврот" ба номи ў нозил шудааст

П адар (лањљ.) Раќиби доимии Исроил

А то мњо и за рядно к

Ш икоф ва кандаи табиї дар кўњ ва тал

Бузург, калон Марк ази ви л. дар Ўзб екис тон

Падар (лањља)

"... в а Ром ин "и Гург онї

Ол ивйе ва винегрет

Эзоњ, таф сир

Санги ќиматбањо

Фоида бурдан аз мењнати дигарон

С татист ика, њисобу китоб Сардор, доњї

А со

Аз гуноњ гузаштан

О лати дуре дгарї Љавоби «СКАНВОРД»-и шумораи 3 апрели соли 2014, №14 (941) К О Н С Е Р В А Т О Р И Я С а н љи ш и к о рд он и и м ут ахас с и с (б а йн а лх .)

А Т Т Е С Т А Т С И Я Д а в ла т и б а мо њ а м с а рњ а д

М ак т аб и о ли и м у с и ќ ї

Ат о . .. , а к т ёр и те а тр

М

У

Њ А Д И С Н ўш о ки и м ас т ку на нда

И

Р

З а р р ач а и б ем о р и о в а р

А

Г

Бо л и н

У О шкоро

Г Б аб а … аз а фсо н а њ ои р усї

А Зо ид аш ав ї

В М од а ри Ка и н ва А в е л да р ди ни н а с р о нї

Ф аро во н, б ис ё р

Ф

И В А Н О В И з за т ман д

А З И З

У Н С У Р Ф ами л ия и м аъ м ул и р усї

О

С Н а т ри й … и ки м и ёв ї

А

А

У Т е з, о њ и с та не

У

Ч и зи му в а ќќ а та н ги р и ф т а

Р

Т а м ѓа и с и го р и б у л ѓо р ї

О П А Л

О њ и б ад а р д

П о йт ахт и Б р ит а н ияи К а би р

Сам о , ф аз о

Л О Н Д О Н

С " Д а р ... и ол а м б и г аш т ам б асе " (С а ъ д ї )

Ќ А Т Л

О Р И Я Т Ч а шм гу ру с на

С К уш та н

У

М е в аи ш и р ин

О Т а м ѓа и а вт ом оби ли ИМ А

Н Т ам ѓ аи м а р га рин

К Р А Й С Л Е Р О в а рда д ода н, б у рда до да н

Ќ

И

Р

Ѓ

И

З

А Ривоя т а з д а њо н и са њо б а г он

О М у ќ об или « х о р иљ»

П А С Я к на м у ди м а й м ун

К уш о да ( л а њ љ .)

Л « З и нд а ю љ ов ид м о н д, њ а р к ї … з ис т »

Н О Д И Д А

М А Х Ф И

Кор, њун ар

Р Ша њр д ар в и л о ят и В ор он е ж и Рус и я

Н Њ

М е њ р уб о н ї , ш аф ќ а т

О

Р

Д и м оѓаи ш и м о л т ар и н и А в с тр а л и я

Е … Т о лс т ой , м у а л л иф и « Љ а нг в а с ул њ»

А Л И

И Х ол ї , м ањ р ум

Р

Б а ъд

М А К А К А

Т ай ёр а и А нтонов

А

М Т ах ал лу си ш о и р а З е б у ннис о

В И С М и р Са й и д .. . и Њ ам а до нї

С

О

А Ф Л О Т У Н

Я к гу з а ш т а н и с ў з а н у р и ш та

У Са ро ян д аи эр он ї

К А С Б

К А Д У Ноб уд ї

И

А с о с и с и го р

Т А М О К У Н а ѓз ї ". . . в а Р ом ин" и Гурго н ї

О Я Т

Д П лу тон Ша к ли љ ам ъ и « м а н»

Р Ќ ат о р кў њ да р Р ос с ия

Р

Г и ё њ и « га з а н д а»

Г

М М Д арёе, ки ба А рал мере за д

Х А Н Љузъи сур а

О

А

З и р о ат и п о л ез ї

Н Ф от и ња

Н Е С Т И

Ш а р м , и зо

Б аро да ри па да р

Љ А М И Л А

А Љ у м њ у ри и м ух т о р и Р ус и я

У Р Д У М и лл а т и асо с ии Ч и н

Д О Н

Д У О К ас ал ии си р о ят ї

И К и но с т у д и я д ар С а нк т - П е т е р б ур г

Б О К У За бони да вл а ти и П оки с то н Зот и м ор и п еч о н

Б О А ... Кихо т Ќи с м и з а бо нш ин о с ї

О

Н

О

В

Ш а би ќ а др да р моњи ш ариф и Р ам аз о н

Н о м и з ан о н а , « со њ и б љ а м о л »

О Н ом и х а л ќ ва ра ќ с и ќ а ф ќо зї

Л А З Г И Но м и Б уш в а С орос

М У Л Л О П ойт а х т и О за р б ойљ он

Б ои га р ї, са р мо я

Д О Р О И

Т а ом а з гў ш т и ќ им а ву ха м и р

Н Г ў я нд а , р о вї

Љ О л и ми дину ш а р иа т

Р

М И Н

Б емори и гу лў

А З М

О

В о б ас т а, р о љ еъ

О И Д

Б о ш и ш г �� њи хон

Е

А Хо Ши …, д о њи и В ет н ам и со т си али с т ї

Н О Н

Р М о еи х у ш бў й

А В Ф Он р о аз о р д м еп а з а нд

У

Г И Р

К

С

Т ас м им , н ият

Н А Т И Љ А Б а хш иш

И Л И

Т О ќ и б а т, хул о са

И Тў ри м о њ иг ирии ки ш т и њо

Т Р А Л Д а рё и љор ї а з Ч ин ба Ќа з о ќ ис т о н

Н

Р и ч ар д … аз Г о л л и в у д

Т

И

И

К

Љу м аки ч о й н ик

Н У Л

Е

Л А Й Л А Т У Л Ќ А Д Р А ъ з ои пайра ви љ ум л а

М У А Й Я Н К У Н А Н Д А


Минбари халќ 10 апрели соли 2014 №15 (942)

16 Обу њаво

ÀÏÐÅË - ЊАВОИ ТАЃЙИРЁБАНДА Бо сипарї шудани моњи март вазъи обу њавои кишвар низ таѓйир ёфт. Аввали моњи апрел боронгарињои зиёде оѓоз шуд. Апрел асосан мавсими кишту кор ва нашъунамои зироатхои гуногун буда, дуввумин моњи фасли бањор ба њисоб меравад. Мушоњидањо нишон медињанд, ки давоми моњ њаво таѓйирёбанда буда, боришоти шиддатнокиашон гуногун ба амал меоянд. Дар водињо асосан бориши сахт мешавад. Бино ба маълумоти Маркази њавосанљї њавои нисбатан хунуктар дар дањрўзаи аввали моњ дар назар дошта шуда, то 13-14 апрел њаво абрнок мешавад ва дар баъзе ноњияњо борони кўтоњмуддат меборад, аз љумла дар баъзе манотиќи баланди кўхї барф дар назар аст. Обуњавошиносони тољик таъкид мекунанд, ки боришот махсусан, дар рўзи 12-уми апрел шиддат мегирад. Шиддатёбии суръати шамол њангоми раъду барќ то 15-20м\с мерасад. Миќдори рўзњои боришот дар давоми моњ, дар кўњњо ба 12-15 рўз, дар водињо ба 12-13 рўз рост меояд. Миќдори боришот дар њудуди љумњурї дар як сатњ нест. Боронгарии бештар дар ќадќади ќаторкўњњои Дарвоз , Њисор ва ќаторкўњи Пётри 1 рост меояд. Миќдори ками боришот дар ѓарб ва шарќи ВМКБ ба амал меояд. Бо вуљуди боронгарињо, рўзњои боќимондаи моњи апрел дар саросари љумњурї њарорати њаво баланд мешавад. Рўзона њаво дар водињо дар ин давра то 17 то 18, дар вилояти Хатлон 20+25, дар ноњияњои кўњии тобеи љумњурї ва ѓарби ВМКБ 9 то 17 дараља гарм мешавад.

А.САЛОМАТШОЕВА

Варзиш

3,5 ЊАЗОР $ БАРОИ ЃОЛИБОНИ ПОЙГА 19-уми апрели соли равон дар шањри Душанбе бахшида ба Рўзи пойтахт ба масофаи 21 километру 97 метр ниммарафони байналмилалї аз рўйи масири дав - Наврўзгоњи Душанбе хиёбони Њофизи Шерозї - мањаллаи Хољамбиё - дидбонгоњи Чорбоѓ хиёбони Рўдакї - майдони "Дўстї" (назди муљасаммаи Исмоили Сомонї) баргузор мегардад. Бино ба иттилои Раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии шањри Душанбе имсол ниммарафони Душанбе ба рўйихати мусобиќоти дави љањонї шомил шудааст. Љињати ширкат ба ин чорабинии варзишї, ки маротибаи панљум доир мешавад, ба љуз варзишгарони тољик давандањои касбї аз бародаршањрњои Душанбе, варзишгарони Афѓонистон, Беларус, Кения, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Русия, Ўзбекистон, Укра-

ина ва Эрон дархост фиристодаанд. Барои баргузории ниммарафони байналмилалї аз буљаи шањрдорї 202 њазор сомонї, муодили зиёда аз 40 њазор доллари амрикої, људо шудааст. Ѓолибони пойга миёни мардону занон бо мукофотпулї ба маблаѓи 3,5 њазор доллари амрикої сарфароз гардонида мешаванд. Њамчунин варзишгароне, ки љойњои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулї ќадр мегарданд: љойњои 2-юм - 3000-долларї, 3-юм - 2500-долларї, 4-ум - 2000-долларї, 5-ум - 1800-долларї ва 6-ум - 1500-долларї. Мукофотро ба ѓолибону бењтаринњои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рўзи пойтахт раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев месупорад. Дар доираи чорабинињо бахшида ба Рўзи пойтахт њамзамон пойга миёни бачањои синнашон аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км ва аз 12 то 15сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ѓолибони мусобиќа бо туњфањои шањрдории Душанбе ќадр мешаванд.

Солњои охир таваљљуњи тољирону соњибкорон ва саноатчиёни кишварњои Осиёи Љанубї, Марказї ва Аврупо ба Тољикистон афзудааст. Маълум аст, ки рушди босуботи иќтисодиёт, гидроэнергетика, наќлиёт ва саноат ба дастовардњои нави илмї-технологї имкон надорад. Барои љалби технологияи навин ва пешнињоди лоињањои сармоягузорї баргузории намоишгоњњои байналмилалї наќши муњим мебозад.

НАМОИШГОЊИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БАЊОР- 2014»

Аз 3 то 5-уми апрел дар Муассисаи давлатии "Кохи Борбад" намоишгоњи байналмилалии TOJ EXPO "Бањор - 2014" баргузор гардид. Вобаста ба ин чорабинии муњим дар Палатаи савдо ва саноати љумњурї нишасти матбуотї баргузор шуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати љумњурї Асаналї Карамалиев иброз дошт, ки дар ин чорабинї намояндагони 40 ширкати ватанию хориљї, минљумла аз Фаронса, Олмон, Италия, Финландия, Полша, Туркия, Чин, Эрон, Афѓонистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд. Ба мењмонони намоишгоњ мањсулоти соњањои энергетика, саноати кўњї, химия, сохтмон, хўрокворї, атриёт, косметика, мебел, туризм ва мењмонхонадорї пешкаш гардид. Директори TOJEXPO Маъруф Њамроев иброз дошт, ки аз соли 2012 ин дуюмин намоишгоњи байналмилалї аст, ки дар он намояндагони зиёда аз 10 кишвар иштирок мекунанд. Менељери ширкати "Гео Про" Форис Нурмуњаммадов изњор намуд, ки дар намоишгоњ таљњизоти муосири геодезї ва асбобњои гуногуни ченкунї пешкаш шуд. Њамчунин ширкати мазкур таљњизоти муосири гуногунро барои саноати куњї ба љумњурї ворид намудааст. Ширкати "Тољикклимат", ки дар ин намоишгоњ ширкати фаъол дошт, асосан барои ворид ва насб кардани таљњизоти гармидињию салќинкунї машѓул аст. Тавре директори ширкати мазкур Тоњирљон Таѓоев иброз дошт, тобистони њамин сол амаликунии лоињаи насби обгармкунаки оф-

Растании ќатра-оби "Сабельник" таъсири воќеан њайратангез дорад. Он њангоми табобати беморињои артрит (устухону буѓумњо) ва артроз (сутунмўњра) давои бењамтост. Намакро хориљ, дарду сузишро бартараф, варам ва шамолхўрии буѓумњоро нест мекунад, ва бељошавї, рагкаширо бартараф менамояд. Аксари воситањои рафъкунандаи дард, ба меъда таъсири њалокатовар доранд. Аммо гиёњї ќатра-обии "Сабельник" на танњо дарди буѓумњоро рафъ менамояд, балки ба меъда ягон таъсири манфї нарасонида, онњоро низ табобат мекунад. Шахсоне, ки дардашон кўњна асту мўњлати табобатро тўлонитар давом додан мехоњанд, метавонанд бе ягон њарос ќатра-доруи гиёњї "Сабельник"-ро муддати тўлонї истеъмол намоянд. Њангоми харидорї намудани "Сабельник" њатман таваљљўњ намоед: бояд дар ќуттии он навиштаљоти "живые витамины" бошад. Мањз њамин навъи "Сабельник" дар таркибаш спирт ва ќанд надорад, аз ин рў истеъмоли он барои ашхосе, ки гирифтори бемории ќанд ва фарбењиянд безарар аст. Занњои њомиланок танњо бо тавсияи табиб истеъмол намоянд. Истифода: ба калонсолон 15-20 чакра 2 бор дар як рўз истеъмол намоянд Давомнокї 1 моњ. Нархи фурўш: 24 сомонї. Истењсоли Руссия АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД!

С. СУННАТЇ

ПЛОСКИЙ ЖИВОТ (ШИКАМИ ЊАМВОР) Барои онњое, ки фарбењии шикамашонро њамвору зебо нигоњ доштан мехоњанд ! -Мутаносибан барои ислоњи ќаду ќомат мусоидат намуда, мубодилаи равѓан ва карбогидратњоро ба танзим медарорад; -Ба коњиш додани љабидашавии равѓан дар меъда таъсир намуда, бар зидди фарбењшавї ва вазни зиёдатї истифода мешавад; Диќќат!!! Њангоми "Плоский живот"-ро истеъмол намудан, таъсироти он танњо шикамро њамвор мегардонад ва на дигар чойњои баданро. Тарзи ИСТИФОДА: ба марду зан 1 њаб рўзе 2 бор њангоми хўрок. Шакли барориш: №50 њаб Истењсолкунанда Индонезия. Нархаш 45с.

А.ЉЎРАЕВ

"САБЕЛЬНИК"- БА МЕЪДА ЗАРАР НАРАСОНИДА, ДАРДИ БУЃУМЊОРО НЕСТ МЕКУНАД!

тобї дар диспансери беморињои сили "Дењмой" вилояти Суѓд шуруъ мешавад. Истифода аз ин таљњизоти каммасраф имкон медињад, ки нерўи барќ 7 маротиба камтар сарф шавад. Бо ин маќсад 28 коллектори офтобї насб хоњад гардид. Намояндаи Афѓонистон Замон Пупал ёдовар шуд, ки аз ин кишвар заргарону ќолинбофон дар намоишгоњ мањсулоти хешро пешкаш намуданд. Дар доираи намоишгоњ бизнес-форуми соњибкорон баргузор гардид. Ба гуфтаи раиси Палатаи савдо ва саноати љумњурї Шариф Саид баргузории чунин намоишгоњњо дари њамкорињои навро миёни соњибкорони ватанию хориљї боз намуда, боиси густариши робитањои иќтисодии Тољикистон бо намоиши хориљї хоњанд гашт.

АЗ ДОРУХОНАЊО ПУРСОН ШАВЕД ! ФАЪОЛИЯТАШРО ЌАТЪ МЕКУНАД Соњибкори инфиродї Чалилов Љумахон, раќами патент 0012780, РЯМ 2730003980, ки дар Нозироти андози ноњияи Балљувон ба ќайд гирифта шудааст, фаъолияташро ќатъ мекунад.

Аттестати №066425, ки соли 2013 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №38 ба номи Ањмади Дониши ноњияи Фархор ба Давронов Садриддин Саидмуминович додааст, эътибор надорад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатнома дар бораи хатми синфи 9 силсилаи ШМА №0044627, ки соли 2003 мактаб-гимназияи №74 шањри Душанбе ба Мирзоев Бањодур Абдурасулович додааст, бинобар сабаби гум шуданаш эътибор надорад. *** Шањодатномаи њуќуќ ба мерос тањти №7Н-722, ки санаи 29.11. с.2006 ба Раљабова Зулайхо дода шудааст, эътибор надорад. ***

Рўзнома моњи декабри соли 1994 тањти раќами 309 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Сармуњаррир Бахтиёр ЊАМДАМОВ

ÁÀÐÎÈ ÌÀÚËÓÌÎÒ: Дастгоњи КИМ ЊХДТ Идораи рўзнома тел: 224-23-90, 224-83-72, 224-49-29, 221-63-21. факс: 224-27-59

www.tribun.tj

тел. 238-72-10, 238-54-61, 238-79-07, факс: 227-44-94

E-mail: minbarihalk@bk.ru

ПАДАРАШ изњори њамдардї намуда, ба наздикон ва пайвандонаш аз даргоњи Илоњї сабри љамил хоњонанд.

Муовини сармуњаррир оид ба тиљорат: Хусрав Дўстов

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома зимнан метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад.

Кормандони дастгоњи Кумитаи Марказии иттифоќи касабаи "Тољикметалл" ба раиси Кумитаи ибтидоии иттифоќи касабаи дастгоњи Вазорати саноат ва технологияњои нави Љумњурии Тољикистон Кассиров Абдулвоњид Мањмудович нисбати вафоти

Котиби масъул: Маъруфљон Мањмудов Муњаррири масъул: Алиљон Љўраев Хабарнигорон: Љумъа Ќуддус, Толиби Луќмон, Аслия Саломатшоева, Моњрухсор Рањимова Масъули чоп: Мирзоалї Юнусов Њуруфчинон: Љамила Ањмадова, Гуландом Раљабова Мусањњењ: Сабоњат Худоёрбекова, Суратгир: Тўхтамурод Рўзиев Сањифабанд: Фирдавс Таушаров

НИШОНИИ МО: 734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозї, 16. Индекси обуна: 68910 Макони чоп: нашриёти «Шарќи озод». Теъдоди нашр: 49309 нусха Навбатдор:

Толиби Луќмон


Минбар 2014 (15)