Issuu on Google+

Соли наватон муборак, њамватанони азиз!

№ 52 (1043) 26.12.13 (Оѓози нашр: марти 1992)

Саидалї Сиддиќов:

РАВЕД, дигар Шумо бобои мо нестед!


2 Тољикистон

Шариф Њамдамов Раиси шўрои муассисон ва мушовара Абдумудассир Ањмадзода Муњаррир

Њайати мушовара: Илолов Мањмадшо Мењмон Бахтї Раиси Итињодияи нависандагон Ќаюмов Нуриддин Академик Темур Зулфиќоров Нависанда Ѓаффоров Усмонљон Таърихшинос Масъуди Миршоњї Раиси анљумани «Рўдакї» Пиров Мањмадсаид Муовини вазири фарњанг Маъруф Хољиев Роњбари ожонсии ёрии њуќуќи муњољирон дар Русия

Муассис: Њайати кормандони њафтанома Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти №0054/РЗ ба ќайд гирифта шуда, дар матбааи «Мега-print» ба чоп расидааст. Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намекунанд. Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта танњо бо пардохт нашр мешаванд. Масъулияти маводњои хусусияти таблиѓотидоштаро идора ба дўш надорад. Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќтибосњо аз «Тољикистон» иљозати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист. Њуќуќи муаллифии њамаи матолиби шумора ба идораи њафтаномаи «Тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории ЉТ ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Робита: Телефони идора: 238-54-51 Почтаи электронї: tojikiston-1992@mail.ru tojikiston@pressa.tj Шуъбаи эълону реклама: 238-78-78, 601-35-95 Почтаи электронї: tayron@oila.tj Дафтари хабаргузорї дар вилояти Суѓд: Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 15 6-75-23,92- 730-06-50 Шуъбаи фурўш:

њафтае, ки гузашт

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

.tj a s s e r p . w w w з Хабарњо а Аз 1 январ нархи об ќиммат мешавад

Шањрдории Душанбе эълон намуд, ки аз 1-уми январи соли 2014-ум нархи об дар пойтахти Тољикистон беш аз 20 дарсад боло меравад. Ба иттилои манбаъ нархњои нав бо Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон мувофиќа шуда, аз 1-уми январи соли 2014 сокинони Душанбе, ки њисобкунак доранд, барои њар метри мукааби оби нўшокї 0,3068 сомонї, оби ихрољї 0,1121 сомонї ва дар маљмуъ 0,4169 сомонї пардохт мекунанд. Тибќи нархњои соли 2011-ум муайянгардида, ин нишондод 0,32 сомониро ташкил медод. Шањрдорї мегўяд, ки аз сокинони хонањои аз 1 то 12 ошёна, ки обњисобкунак надоранд, дар як моњ барои

оби нўшокї 3,3 сомонї, оби ихрољї 1,23 сомонї ва њамагї 4,546 сомонї ситонда мешаванд. То њол ин нарх баробари 3,5 сомонї буд. Аз сокиноне, ки њисобкунак надоранду дар биноњои баландтар аз 12-ошёна истиќомат доранд, барои оби нўшокию ихрољї дар як моњ ба љойи 4,38 сомонии њозира, аз 1-уми январи соли 2014, 5,695 сомонї ситонда мешавад. Барои корхонањои буљавї бошад, нархи як метри мукааби оби нўшокї 0,944 сомонї, оби ихрољї 0,4248 ва дар маљмуъ 1,3688 сомониро ташкил медињад. Нархи як метри мукааби оби нўшокї барои корхонањои ѓайрибуљавї 2,36 сомонї, оби ихрољї -1,239 сомонї ва дар маљмуъ 3,599 сомонї муайян шудааст. Ин нишондод то њол ба 2,71 сомонї баробар буд.

90 њазор тољик дигар ба Русия рафта наметавонанд Хадамоти муњољирати Федератсияи Русия дар торномаи расмии худ гўшаеро ифтитоњ намуд. Дар он њамаи шањрвандони хориљї, аз љумла Тољикистон метавонанд бо чидани маълумоти дархостии ин хадамоти торнома дар режими on-line маълум намоянд, ки оё ному насаби эшон дар рўйхати шахсоне, ки вурудашон ба ќаламрави Русия мамнуъ мебошад, мављуд аст ё не. Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тољикистон дар Русия Муњаммад Эгамзод хабар дод, ин хадамоти торнома бо пешнињоди маълумоти пешакї то љое шањрвандони хориљиро, ки номашон дар рўйхати шахсони вурудашон мамнуъ омадааст, дар љараён мегузорад, ки аз сафар ба Федератсияи Русия ва сарфу харољоти вобаста ба он худдорї намоянд.

Ба гуфтаи ў, Вазорати корњои хориљии Русия бо ирсоли як ёддошт ба Сафорати Тољикистон дар Москав иттилоъ додааст, ки дар асоси ин ташаббуси Хадамоти муњољирати Русия шањрвандони хориљї ва ашхоси бешањрвандият мустаќилан худашон метавонанд мављуд будан ва ё набудани мамнуияти вуруди эшон ба њудуди Русияро дар рў ба рўйи ному насаби хеш тафтиш намоянд. Рўзи љумъаи њафтаи равон сардори Хадамоти федералии муњољирати Русия Константин Ромодановский зимни суханронї дар Думаи давлатї изњор намуд, ки соли љорї вуруди њудуди 90 њазор шањрвандони Тољикистон ба ќаламрави Русия манъ шудааст. «Аз оѓози сол вуруди 440 њазор шањрвандони хориљї, аз љумла 90 њазор нафар тољикистониён ба ќаламрави Русия манъ аст», иброз доштааст ў.

М.љабборова, муовини сарвазири Тољикистон

Марњабо Љабборова иљрои Ќонунро талаб дорад Марњабо Љабборова, муовини сарвазири Тољикистон, љаласае доир карда, аз риоя нашудани Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изњори нигаронї намудааст. Љабборова дар асоси тањлилњо гуфтааст, ки солњои охир сатњи тарбияи фарзандон то андозае паст рафта, баъзе падару модарон ба ин масъалаи њаётан муњим беэътиної

зоњир менамоянд: «Аз фориѓболии баъзе падару модарон ва роњбарону кормандони муассисањои таълимї истифода намуда, гурўњњои гуногун ба муассисањои таълимї роњ меёбанд ва кўдакону љавонони бетаљрибаро ба кирдорњои номатлуб љалб менамоянд». Инчунин, муовини сарвазир бо зикри афзоиши худкушињо миёни љавонон таъкид намудааст, ки масъулин дар самти иљрои ќонуни мазкур таваљљуњи бештар зоњир кунанд.

Саидалї Сиддиќов:

Равед, дигар шумо Бобои мо нестед!

Соли нав бо њазлу мутоибааш хуш аст. Дар гузашта дар ин рўз њама љо пур аз ханда буд. Ханда дар кўчаю бозор, ханда дар хонаю ошхона, ханда дар экрани телевизорњо

…Биёед имсол њам андаке хандем, аммо на ба аксияю хушгўињои Аловиддину Бахтиёр ва на аз табрикоти пур аз њаљви солинавии нависандагони њаљвнигори гузаштаамон, ки онро баъзан аз љевони китобњо гирифта назар меандозем ,зеро имрўз њаљвнигоронамон њамагї ба муњољират, ба кишвари Хоб рафтаанд ва гумон аст, ки ба наздикї баргарданд, балки ба як тасмими воќеан њам хандаовари

Кумитаи телевизион. Тавре, ки расонањо иттилоъ доданд, имсол шабакањои давлатї тасмим гирифтаанд, ки Соли навро бе Бобои барфию Барфак ва арчаи сарсабз пешвоз гиранд. Њанўз, ки Соли нав фаро нарасидааст, ин тањдиди онњо то кадом андоза воќеї аст, гуфта наметавонем. Аммо муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайдалї Сиддиќ аллакай дар ин бора назарашро гуфтааст: «Бобои Барфию Барфак марбут ба фарњанги миллии мо нест!» ва ин њукм барои Бобои барфии тољикї баробари афтидан ба «рўихати сиёњ» аст. Бечора Бобо…На дар «Шабакаи аввал» на, дар «Бањористон»-у «Сафина» ва на дар «Љањоннамо»

дигар роњашон намедињанд. Не бубахшед, шояд дар наворњои хориљии «Чањоннамо» боќї монанд, аммо њамчун «унсури бегона»…Мегўянд, ки аллакай чашмони Барфак аз гиря сурх шудаанд. Бобои Барфї халтаи тўњфањояшро зери сар монда «уфффф» мегўяд, Бачањои интизори тўњфа якљо бо волидонашон озодии онњоро талаб доранд. Онњо бо шиорњои «Озодї ба Бобо ва Барфаки мо!» ба кўча баромаданианд. Аммо то њол њукумати шањр аризаашонро дар бораи намоиши эътирозї имзо накардааст. Муллоњои бобопараст ќавми «но!»парасташонро ба тавфиќ даъват мекунанд ва мегўянд, ки иншооллоњ дар Соли нав Бобои барфиро намоз-

хон мекунанд ва бо њамин иди дини масењї будани Соли навро рад менамоянд. Дар масљидњо барои озодии фаъолияти ин ду фарди дар Соли нав зарурї онњо дуо мекунанд. Зеро њамаашон дар даврони шўравї дар зери њамин арчаи сабз аз дасти Бобо тўњфа гирифта буданд. Таманнои солинавии мо ин аст, ки ба демократия такя карда (мувофиќи назарпурсии «Зеркало» дар Тољикистон њамагї 18% мухолифи љашнгирии Соли нав ва 82 % љонибдори он будаанд) ба Бобои Барфї ва Барфак барои ширкат дар барномањои телевизионию мактабї озодї дода шавад.Зиндаю пояндаю ришдароз бошанд Бобои барфї ва духтари нозпарварди он кас Барфакой!


хонеду наранљед

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Тољикистон

3

њазлњои солинавї Рустами Эмомалї, сардори Хадамоти гумруки Тољикистон Фарзанди шумоям ман, Фарзанди Тољикистон. Дар кори роњбарї, Мегўедам гањ љавон. Намеранљам аз шумо, Падарони мењрубон. Рўзе мефањмед, шумо, Њастам Рустами замон.

Мавзуна Чориева, варзишгарзани номвари тољик

Ман мушт бизанаму Тољикистон гўям, Сарманзили чун бињишту бўстон гўям. Аз зарбаи мушти ман замин меларзад, Ку муштзаневу марди майдон гўям.

Ќоњир Расулзода, Сарвазири љумњурї

Ўзбекистон рафтаму суол кардед, З-он тараф сарвазир чї меорад? -Дўстї меорам аз бањри шумо, Пачка-пачка на сигору шоколад.

Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе

«Њамин шањре, ки ман гулзор кардам, На љойи гову молу харчаронист. Ба сар дорї њавои касби бобо, Бирав бар дењ, ки љойи подабонист» Будёний буд номи кўчаи мо Чароѓаш равшану роњаш дуруст буд. Кунун шуд Акбари Махсум валекин, Худаш вайрону барќаш њам фулуст шуд. Раисљон, аз шумо дорем умед, Ки боре кўчаи мо њам биёед.

Ёќубљон Исмоилов, директори Муассисаи давлатии «Шарќи озод»

Савори лифти дуввум,чун барги бед ларзидам. Дар лабам табхола шуд,аз ѓур-ѓураш тарсидам. 8 гуфтаму10-њам бурд Ёздањро чун фишурдам,сўйи дувоздањам бурд. Гуфтам, ки аз ин офат, ёбам агар рањої. Хона рафта фармоям,нону оши худойи Њазли мо ќабул фармо,эй бародари љонї. Дар соли нав, худоё, лифтат шавад арзонї. Соли нав муборак бод, дорем хоњиш аз шумо. Лифти солинавиро,туњфа намойї бар мо.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи љумњурї

Чун «фигур»-и он зани омўзгор, Бар мудир н-омад писанду кар�� нолиш. Ќадри зар заргар бидонад гуфта худ, Гўшњои «кўр»-ро додї ту молиш.

Њайдар Одинаев, ректори Донишгоњи техникии Тољикистон Њар ки гўяд: мо надорем ихтироъ Њарфи нољо гуфтааст. Дар паси њар санги кўњистони мо Сад Нютон хуфтааст, То насозем ќаноте аз ракета Хоби ман ошуфтааст. Зина-зина рў ба боло мекунам.


4

љањон

Тољикистон

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Љавонони миллиардер онњо кистанд ва чї ќадар дорої доранд?

Маљаллаи Forbes рўйхати рейтинги љавонони дар љањон миллиардерро ба нашр расонд, ки синну солашон аз 40 поён аст. Бештари нафарони дар ин рўйхатбуда, дар соњаи техника ва технология ба муваффаќият ноил шудаанд. Аксарияти онњо сокинони Амрико мебошанд. Яке аз онњо асосгузори Facebook Марк Сукерберг мебошад.

Дастин Московитс, 28 сола. Дороиаш $3,8 млрд. Ў собиќ њамсояи дар ба дари Марк Сукерберг буда, айни замон дар сайти иљтимоии Фейсбук кор намекунад. Иштирокчї ва ташаббускори инсондўстї бо Бил Гейт ва Уорен Баффет Московитс бо велосипед ба кор меравад. Дар 1 сол як маротиба дар фестивали Burning Man иштирок мекунад.

Марк Сукерберг 28 сола. Дороиаш $13,3 млрд мебошад. Марк 8 рўз аз Московитс калонтар буда, њаммуассис ва иљрокунандаи директори генералии бузургтарин сайти иљтимої дар љањон Фейсбук ба њисоб меравад. Боигарияш аз арзиши аксияњои ширкат, ки дар аввал якбора арзон шуда буданд, вактњои охир боз баланд мешаванд.

Алберт фон Турн унд Таксис 29 сола. Дороиаш $1,5 млрд мебошад. Алберт пешвои 12 уми ќабилаи Турн-иТаксис мебошад. Ў корхонањои

пивабарорї, ордбарорї, заминњои корам ва бонкњоро дар ихтиёр дорад. Алберт аз соли 2001 миллиардер шуд, ки ў њамагї 18 сол дошт. Дар ин синну сол ў аллакай 30 000 га заминро соњибї карда буд. Айни замон ў оиладор нест ва машњуртарин пойгачии мошинњо аст. Скотт Дункан 30 сола. Дороиаш $5,1 млрд мебошад. Ў чорумин писари хурдии Дэн Дункан, асосгузори ширкати нафту гази Enterprise Products Partners аст. Моњи марти соли 2010 Дэн Дункан аз олам даргузашт ва тамоми дороиашро дар њаљми $12,4 млрд ва захираи зиёди мањсулоти сўзишвориро дар ихтиёри фарзандаш гузошт.

Эдуардо Саверин 30 сола. Дороиаш $2,2 млрд мебошад. Ќаблан дўсти наздики Марк Сукерберг ва њаммуассиси сайти иљтимоии Фейсбук мебошад. Эдуарардо замоне ба рўйхати миллиардерњо ворид шуд, ки 5 дарсади аксияи Фейсбукро дар давраи бањсу мунозирањои дурру дарозї судї гирифта буд. Дар соли 2011 барои сари ваќт напардохтани андоз аз Фейсбук, вай барои гирифтани шањрванди Амрико љавоби рад гирифт. Айни замон Эдуардо шањрванди Бразилия буда, дар Сингапур зиндагї ва машѓули тиљорат аст.

мебошад. Ширкати мобилии 3C Telecommunications низ аз ўст.

Фахд Харири 32 сола. Дороиаш $1,35 млрд мебошад. Ў писари хурдии ба ќатлрасидаи сарвазири Ливан Рафик Харирї аст. Баъди марги падар дар соли 2005 Фахд сањмияњои ширкати Saudi Oger, ки аз падараш буд, ба мерос гирифт. Фаъолияти ин ширкат ба кори сохтмонї, шабакаи алоќа ва амволи ѓайриманќул равона шудаст. Дар холдинги Фањд шабакаи телевизионии Future Television Network, ба ќайд гирифта шудааст, ки дар тамоми Шарќи Наздик пањн мешавад.

Шон Паркер 33 сола. Дороиаш $2 млрд мебошад. Шон њамчун офарандаи сарчашмаи интернет барои гирифтани мусиќињои гуногуни ройгони Napster ва њамчунин президенти аввалини сайти иљтимоии Фейсбук мебошад, ки ин вазифаро дар синни 24 солагї соњиб шуда буд. Айни замон ба кушодани боз чандин сайтњои интернетї машѓул аст.

Йошикатсу Танака 36 сола. Дороиаш $1,8 млрд аст. Танака асосогузори калонтарин сети иљтимоии япониявии Gree мебошад. Ин сет дар Япония бо дигар сетњо конкуренти асосї ба њисоб меравад.

Максим Ноготков 36 сола. Дороиаш $1,3 млрд мебошад. Дар мактаб Максим муаллими барномањои компютерї ва телефонњои мобилї буд. Муддате нагузашта ў тарки ин вазифа карда, ба тиљорати шахсии худ машѓул шуд. Баъдан ў ширкати мобилии «Связной» ( Алоќа)-ро ташкил намуд, ки дар бозори ширкатњои гуногуни мобилии Русия канткуренти асосї ба њисоб мерафт. Њамчунин ин ширкат чандин магазинњои калони операторњои мобилї, телефонњои мобилї ва техникањоро ташкил намуд.

52

Алехандро Санто-Доминго Давила 36 сола. Дороиаш $11,7 млрд мебошад. Алехандро – писари калони Хулио Марио Сано Доминго Пумарехо, корхонаи пивабарорї аст. Алехандро фарзанди аз оилаи никоњи дуюмаш мебошад. Ваќте ки падараш соли 2011 дар синни 87 солагї вафот кард, Алехандро сардори ширкати аз ба меросмондаи падараш Santo Domingo Group шуд. Джек Дорси 36 сола. Дороиаш $1,1 млрд мебошад. Дорси асосгузори сайт ва микроблоги машњури Twitter аст. Дорси ба ќатори миллиардерњо соли гузашта ворид шуд. Мария Бене Бевалот 32 сола. Дороиаш $1,5 млрд мебошад. Ў њамроњи бародараш Жан Мишели 45сола ва хоњараш Эммануели 42сола иттињодияи ширистењсолкунандаи фаронсавии Lactalis, ки ќариб дар 148 кишвари љањон намояндагї дорад, соњиб шуд. Ѓайр аз ин, соли 2011 Мария ширкати ширинињои итилиёвии Parmalatро харидорї кард. Њоло ин зан яке аз чењрањои муваффаќтарин ба њисоб меравад. Тањияи Усмон РАњимзода

Пурсишномаи

њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj» Ба назари Шумо муњимтарин њодисаи соли 2013 дар Тољикистон кадом буд?

Ян Хуэйян 31 сола. Дороиаш $5,7 млрд мебошад. Сарватмандтарин зан дар Чин ба њисоб рафта, духтари асосгузор ва ба роњмонандаи ширкати Country Garden Holdings аст. Вай сањмияњоро аз падари худ Еуна Куока Кеуна, ки соли 2007 таќсимоти аксияи ширкат дар биржаи Конгонг мегузашт, соњиб шуд.

Айман Харири 34 сола. Дороиаш $1,35 млрд мебошад. Айман писари дигарии собиќ сарвазири Ливан Рафик Харирї мебошад. Рафикро соли 2005 ба ќатл расондаанд. Баъди марги падар Айман як ќисмати ширкати газу нафти Saudi Oger-ро соњиб шуд. Ў низ ба тиљорати ширкатњои сохтмонї, радиову телевизион машѓул

a) б) в)

Интихоботи президентї Њабс шудани соњибкор Зайд Саидов Намедонам Эзоњ: Хонандагони азиз, назари худро оид ба

пурсишномаи пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.


андеша

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Соли 2013

Тољикистон

5

бо чиаш бароятон хотирмон буд?

Соли сипаришуда њар инсон дар рўйи олам муваффаќият ва ё мушкилоти худро дошт. Аз љумла, шањрвандони кишвари мо низ аз ин доира берун набудан. Барои онњо кадоме аз њаводис дар зиндагию хотираашон наќши худро гузошт?

Зумрад Њамроќулова, менељер: -Дар ин сол бо њамроњи шавњарам ба Олмон ва Латвия сафар доштем. Тули ин сафар бо маданият ва фарњанги ин кишварњо шинос шудем. Мардуми Латвия хело мењмондўсту мењоннавозанд. Шањри Франкфурт низ хеле зебост. Бањри Балтикаро бо ќаиќ давр задем, ки хело зебо ва фаромўшнашаванда дар њаётам буд. Хулоса, соле, ки гузашт барои ман хотирањои хеле хубро боќї гузошт. Дар соли нав ба ањли оилаи худ ва мардуми тољик сињатї ва саломатї хоњонам.

Рањим Ќаландаров– муњаррири барномаи «Дар суњбати тољикони дунё»-и радиои «Муњољир» дар Русия: -Ба хотири он ки бигзор њама нокомињо ва нофањмињо дар ин сол боќї монад, аввал аз хотирањои хуби соли куњан ёдовар мешавам. Аз њама хотираи фаромўшнашаванда дар тамоми њаётам ин аст, ки ба хотири ташкил намудани аввалин «радиои Муњољир» дар шањри Москав маро ба сањифаи таърихи Тољикистон номнавис карданд. Тибќи шартнома ва ба хотири рушд ва пойбарљо кардан, онро ба ихтиёри ширкати «ТОЉ ИНФО» гузоштам, ки нафарони зиёд аз ин кори ман изњори норозигї карданд. Ба хотири нофањмињо дар тиљорат бисёр дўстони наздикамро аз даст додам. Бо бурду бохташ соли морро нахоњам фаромўш кард.

Дилмурод Њомидов, мудири Маркази омўзиши забонњои ДМТ: -Соли сипаришуда барои ман аз он љињат хотирмон буд, ки рисолаи докториамро ба анљом расонидам ва пешдифоъ кардам. Пасон мувафаќќияти ин сол дар он аст, ки соли комёбињои зиёди иљтимої, сиёсї ва фарњангї дар њаёти иљтимоиву сиёсии кишварамон буд. Њамчунин дар ин сол асари банда бо унвони «Фарњанги мухтасари гидронимњои эрониаслии Мовароуннањр» аз тариќи нашриёти ДМТ чоп шуд ва ба дасти хонанда расид. Охирон, зиндагии орому тани сињат доштем ва вазъи ороми кишварамон илњомбахши зиндагї буд.

Комрон Ѓуломов, донишљўйи соли аввали ДМТТГермания: -Соли сипаришуда бисёр воќеањои хубро дар њаёти ман овард, ки фаромўшношуданист. Дар соли 2013 дар олимпиадањои љумњуриявї аз фанни техналогияи информатсионї иштирок намуда, сазовори љойи 2 ва 3 гаштам. Худи њамин сол дар Донишгоњи миллии тадќиќотии технологии Ќазон, факултети нефту химия шањри Мюнхени Германия дохил шудам ва айни њол тањсили илм дорам. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми њамватанонамро ба фарорасии соли нави мелодї табрик мекунам.

Бењрўз Шукруллоев, устоди кафедраи матбуоти ДМТ: -Хотирмонтарин њодисањои

сол интихоботи Президенти Тољикистон буд, ки шањрвандони кишварро ба њам муттањид ва сулњу субботи кишварро пойдортар намуд. Баръакси фолбинињои коршиносону тањлилгарони хориљї мардуми тољик бори дигар собит намуд, ки таќдири худро бо дасти дигарон њал карданї нест. Муњимтарин дастоварди сол эътирофи њамдиливу њамбастагии мардуми тољик аст. Њарчанд њодисањои дигари фарањбахш низ дар ин сол кам набуданд, аммо сулњу оромиро барои мардуми тољик таъсиргузортарин њодиса сол медонам

Сафо Њалимї- нависанда: -Соли гузашта барои ман соли сулњ, бародарї, баробарї, ободї буд. Аз он хурсандам, ки халќи тољик барои бењбуд сохтан ва обод кардан ва баланд бардоштани зиндагии солими худ бетараф набуданд. Дубора ба сари ќудрат омадани Сарвари давлат Эмомалї Рањмон яке аз њодисањои бењтарини сол аст. Боварии комил дорам, ки дар соли нави 2014 низ бењтарин корњои азнавсозї барои гулгул шукуфоии ватани мањбубамон камари њиммат мебанданд. Аз баландии умри 83 солаам ба њамаи ояндагон дар солњои нави минбаъда рўзгори хуш металабам.

Рустам Азимов- корманди њафтаномаи «Оила»: -Хотирањо хеле зиёданд, ки метавон онро ба хушнудї ёдовар шуд. Дар соли 2013 донишгоњро бо дипломи сурх хатм намудам ва хурсанд аз онам, ки имрўз љойи кори хуб дорам. Дар ин сол ба шањру ноњияњои вилояти Суѓд, Хатлон сафари корї доштам,

ки аз он хеле хотирањо боќї монд. Ваќте, гуфтанд, ки моро вохўрї бо раиси вилояти Суѓд дар пеш аст, духтарони њамроњам таѓйири либос кардан хостанд. Ягона љойи либосивазкунї ин дохили мошинамон буд. Онњо мардњоро аз мошин берун карда, ба ин кор машѓул шуданд. Ин ваќт, ки ман мушоњида кардам, ки як мошини сабукрав њангоми аз пањлўи мошини мо гузаштан чашмаш ба духтарони нимурён афтоду аз онњо чашм наканда рост ба симчўби сари роњ бархўрда мошинашро маљаќ кард. Хушбахтона худи ронанда бо андак љароњат халос шуд. То њол ин њодисаро ба ёд оварда механдам…

Фирдавс Икромов – сармуњосиби ООО «Алан»: -Хотироти ман аз соли сипаришуда ин боз ҳамон хотираҳои давраи донишљўйї аст. Лањзаи фаромўшнашаванда дар ин сол барои ман он буд, ки ман бо њамкурсони собиќам дар Тарабхонаи «Фирдавс» вохўрї доштем… боќї њама лањзањои хуш.. Муҳим он ки пайвандон , зиндагии тинљ ва осуда доранд. Ба кули ҳамватанон соли нави

2014-ро муборак гуфта, барояшон шодмонӣ, сарбаландӣ ва тансиҳатиро хоҳонам. Аброри Зоњир, нависанда: -Дар ин сол озарињо ба Наврўзу чавгон, ки њаќи меросбарї карданд, асабњои мо хароб шуд, ки чаро чустї карданду чолокї. Сустиву тољикї дар хуни мо нишастааст, бояд дар ин бора саросема нашавем. Интизор шавем, ки чї гап мешавад. Боз бародари кабир инро «марказгурезї» нашуморад. Ба њар њол мо ба ин одат кардаем. Аз иваз кардани љойи љамъшавандањо њосил дигар намешавад. Соли нав бо суннатњои хеш дар рўзгори мо пайванду пайвастагї ёфтааст, аз он кандан мушкил нест, аммо аз ин чизе бурд намекунем. Садриддин Њасанзода, нависанда: -Соле, ки дар њаёти мардуми тољик сипарї гашт, бо баракату афзалиятњояш рўзгори моро хеле фарањманд сохт. Мо аз ниёзмандї ва муњтољињои тулонии иќтисодї, коммуникатсионї, энергетикї хеле рањо ёфтем. Умед дорем, дар соли 2014 киштии њаёти мо дар амвољи нерўманди љањонишавии тамаддунњо ќавї, устувор шино карда, моро ба ќуллањои баланди худшиносї, мењанпарастї мерасонад бо равнаќи истењсолоти ватанї, афзудани молу колои худї сабаб мегардад. Орзумандам мо аз теъдоди муњољирони иљборї не, аз соњиби кор шудани онњо дар ватанамон ифтихор хоњем кард. Мањина ДАВЛАТОВА, «Тољикистон»


6 Тољикистон

нигоњи дигар

Номањои ѓамангез ба Санта Клаус

Ба очаи ман хўрок фирист, Бобои Барфї! Рўзномаи «Los Angeles Times», Амрико Мавзўи муњими рўзнома чунин аст: «Номањои ѓамангез ба Санта Клаус». Рўзнома менависад, ин сол дар номањои худ ба Санта Клаус (Бобои Барофї), ки ба идораи почтаи Лос-Анжелес меояд, бештари кўдакон на ин ки бозича, балки хўрок ва ягон ашёи рўзгор дархост мекунанд. Дар ин идора бо номи «Дар соли 2013 Санта бош» як овезае њаст ва беш аз 100 сол анъанае шудааст, ки ба љойи Санта ба номањо љавоб мегардонанд. Хоњишмандоне, ки мехоњанд ба љойи Санта кор кунанд, метавонанд аз почта ягон номаро интихоб намоянд, љавоб нависанд ва ба номафирист туњфаи хоњишкардаашро равон кунанд. Хеле аљиб, кўдакон аз «Санта» туњфа мехоњанд ва ин туњфањо дар њаќиќат меоянд. Рўзнома менависад, ки акнун на кўдакон «Барбиву» «Одам-тортанак» ё телефонњои мобилї хоњиш мекунанд, ба љои онњо волидайн нома навишта аз норасоии маблаѓ менависад, падари оила ашёи дарсї ба фарзандњояш хостааст. Як пиразани маъюб дар номааш навиштааст, ки ба набирааш либосе мехоњад, ки бо ин либос ў ба ибодат равад. Рўзнома менависад: «Ин хеле ѓамангез аст. Дар бисёр номањое, ки њатто кўдакон навиштаанд, хоњиши хўрокаву пўшока ва пойафзолу ашёи рўзгор аст. Як кўдак навиштааст: «Хоњиш мекунам, ба модари ман ягон хўрок фирист, ў ин сол хеле мењрубон буд». Рўзномаи Los Angeles Times иттилоъ медињад, ки 90 дарсади номањое, ки ба Санта равона карда мешаванд, бе љавоб боќї мемонанд.

Соли нав дар Доѓистону Озарбойљон аз байн меравад? Рўзномаи «Независимая газета», Россия Мавзўи муњими рўзнома: «Дар Доѓистон љашнгирии Соли нав камтар мегардад». Рўзнома менависад, дар Доѓистон шумораи онњое, ки Соли навро љашн намегиранд, афзоиш меёбад ва ин њолат бо кўшиши ходимони мазњабї сурат мегирад. Рўзнома менависад, ки тайи

чанд соли охир мусулмонњо тариќи ибодат дар масљидњо ва њатто дар рассонањо мардумро водор месозанд, ки аз ин љашни пасошўравї рўй гардонанд. Аз рўйи маълумоти расмї дар моњи декабри имсол 1206 нафар, 7- дарсади мактабњои Доѓистон намехоњанд, ки Соли навро таљлил намоянд. Рўзнома менависад, ки Соли навро њамчунин панљ ноњияи ин љумњурї љашн намегиранд. Ќисми боќимонда- ин танњо баъзе мактабњои ноњияњои Ќизлар ва Тарумсов ва њамчунин дар 10 шањри љумњурї, ки русњо бисёранд, љашн мегиранд. Сарвазири Доѓистон дар ин маврид гуфтааст, ки чандин сол аст, њамватанонаш Соли навро љашн намегиранд ва њатто ба баъзе кўдакон ин ид бегона аст. Рўзномаи «Новые известия» менависад, Соли нави ѓайриодиро тамоми мардуми Дубай интизоранд. Шањри калонтарини Аморати Муттањидаи Араб бо фейерверки (барфбозї) азимтарин мехоњад ба китоби рекордњои Геннис ворид гардад. Барномаи оташбозї 31 декабр пеш аз нисфи шаб оѓоз меёбад ва 6 даќиќа идома хоњад кард. Рўзнома менависад, ки на ин ки давомнокии фейерверк аљиб аст, балки миќдораш њайратовар ба назар мерасад. Барнома ќариб то 100 км ба дарозии хати соњил тўл мекашад ва пурра аз тамоми гўшаи шањр имкони тамошо кардан вуљуд дорад. Фейерверки ба љойњои тамошобоби машњури Дубай равона карда мешавад – иморати осмонхароши баландтарин дар љањон Burj Khalifa( Бурљи Халифа), мењмонхонаи Burj Al Arab(Бурљи Араб) ва мењмонхонаи Atlantis (Атлантис) дар љазираи сунъии Palm(Палм). 450 000 шиллик дар наќша гирифта шудааст. Пас аз ин менависад рўзнома, тамошобинон метавонанд, ки ба фейерверки 15 даќиќаинаи дигар назора намоянд. Ин барномаи ба наќшагирифта, ки 31 декабр баргузор мегардад, бояд ба китоби рекордњои Гиннис њамчун бузургтарин оташбозї дар љањон ворид гардад. То њол соњиби ин унвон Кувайт ба шумор мерафт, ки дар соли 2012 фейерверки соатї баргузор намуд. Он замон барнома то 5 км дарозии хати соњил тўл кашида буд. Рўзнома менависад, ки дар Озарбойљон исломгароён зидди Соли нав ва 8 март мебошанд. Хизби исломии Озарбойљон аз роњбари мусулмонони Ќафќоз

шайх Аллањшукур Пошозода даъват ба амал овардааст, ки аз љашнгирии Соли нав пешгирї намояд. Исломгароёни Озарбойљон ин иќдоми худро чунин арзёбї мекунанд, ки соли нави имсола 31 декабр ба рўзи марги пайѓамбар Муњаммад ва марги Имом Њасан рост омадааст. Њизби исломии Озарбойљон изњор намудааст: «Мо барои гузаронидани љашнњо зид нестем, аммо агар ин рўз бо рўзи марги пайѓамбар рост омада бошад, мо мусулмонон бояд ин идро љашн нагирем. Агар пайѓамбари Исо зинда мебуд, магар ў розї мешуд, ки ин љашнро дар рўзи марги пайѓамбар Муњаммад таљлил намояд?». Њамчунин исломгароён ба он назаранд, ки иди 8 март ба миллат ва занњои Озарбойљон ягон алоќа надорад. Аммо ин ид сол то сол зиёдтар пахн мешавад, њарчанд дар љањони ислом рўзи занон таваллуди духтари пайѓамбар Фотима дониста мешавад.

Соли асп-соли нобарорињо? Рўзномаи «Зеркало недели», Украина Рўзномаи украинї вобаста чї гуна љашн гирифтани Соли нав чунин маълумотро нашр намудааст: «Соли 2014-ро бояд чї гуна пешвоз гирифт». Рўзнома менависад: Соли навбатї – соли асп мебошад. Ин сол аз 10 феврал расман амал мекунад. Тўмор ё тилисми ин сол аспи кабуди аз чўб сохташуда ба шумор меравад. Асп ѓавѓоро намеписандад, аз ин хотир пешвозгирии он њам бояд дар аторофи дўстони наздик ва оила сурат бигирад. Бењтар аст, ки гурўњњои пурѓавѓо дуртар бошї, зеро барои асп метавонад ин њолат писанд наояд. Кувваи ѓайримуташаккили сол об ба шумор меравад. Он нишонаи серњаракатї, нопойдорї, ќобилияти ба њар љо зада даромадан ва зуд таѓйир шуданро дорад. Ранги кабуди асп ин нишонаи кайњон ва торикї дар ќаър мебошад. Рўзнома менависад, ки соли 2014-и асп барои мардум нобаробарї, таѓйирот дар њаёт, њатто дар хурдтарин чизњоро ба вуљуд меорад. Аз ин хотир бояд аз рўйи наќша ва андешамандона рафтор намуд. Барои бисёрињо ин сол метавонад соли бобарор бошад. Наќшањои кашидашуда иљро мегарданд ва таѓйиротњои куллї дар њаёт ба амал меояд-оила бунёд намудан, соњиби хона шудан, тав-

лиди фарзанд. Рўзнома менависад, соли 2014, ки бо пуштбонии аспи кабуди чўбї меояд барои чинињо ањамияти калон дорад, њарчанд аз рўйи таќвими онњо ин сол 10 феврал медарояд ва ин сол маънои хирадмандиро дорад. Аммо, барои мо соли нави 2014, соли асп аз рўйи таќвими чинї 1 январ мебошад. Аз ин соли нав бояд чї интизор шуд? Ба назари чиноињо аз оне ки мори сиёњро аспи кабуди чўбї иваз мекунад, таѓйироти муњимро дар муќоиса бо соли 2013 интизор шудан лозим нест. Албатта мори афсунгарро, ки аспи оромтабиат иваз мекунад, бояд аз пайи амалишавии наќшањо шуд. Барои баъзењо соли асп, мувофиќи таќвими чиноињо метавонад хеле вазнин бошад. Ин барои он ки асп одамони муфтхўр ва танбалро намеписандад. Ў барои онњое, ки дар воќеъ мењнат мекунанд комёбї меорад. Ин њайвон онњоеро дўст медорад, ки ќувваи худро босамар истифода мебаранд ва маќсади дар пешгузоштаашонро амалї мекунанд. Ба андешаи чиноињо, асп окил ва хирадманд аст. Ин њайвон медонад, ки чї мехоњад ва чї гуна онро ба даст биёрад. Ў њамавакт ќобилияташро ба манфиат истифода мебарад ва њамаваќт аз њама гуна мушкилї бо ѓолибият берун меояд. Барои онњое, ки дар соли асп таваллуд шудаанд, аз рўйи таќвими чиноињо соли шикастпазир мегардад. Инљо асосан муносибати одамон дар назар дошта мешавад. Муносибатњои камсамар ва заиф шикаст меёбанд ва муносибатњои сидќонаву дўстона ва шарикї ба сатњи баланд мебарояд. Њамчунин оила бунёд намудан миёни онњое, ки соли аспанд дар соли 2014 бењтар аст. Рўзнома менависад, ки дар масъалаи маблаѓ бошад, соли 2014 нишонаи болоравию инкишофро дорад. Мумкин аст, ки њам соњиби вазифа гардиву њам тиљорати худро боз кунї. Њар нафаре, ки ба тиљорат машѓул аст, матавонад онро калонтар намояд, зеро муваффаќ мегардад. Барои он ки ба маќсадњои дар пеш гузоштаатон бирасед, муњим аст, ки худро нишон дињед. Рўзнома менависад, ки барои кормандони илму эљод низ соли 2014 соли бобарор хоњад шуд. Ин сол занњое, ки воќеан аз сидќ кўшиш мекунанд, муваффаќият меорад.

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Маълумотномаи Маълумотномаи Санта Клаус кист? Санта Клаус- ќањрамони афсонавии шимолу амрикої мебошад, ки барои кўдакон туњфа медињад. Номи Санта Клаус аз транскрипсияи голандии Николай ёдбуде, ки 6 декабр гузаронида мешавад, омадааст. Дар мавриди љойи асосии Санта Клаус андешањо гуногунанд, маълум нест, ки ў аз Лапландия ё аз Ќутби Шимол аст. Намунаи Санта Клаус Никалай Мирликийскийи муќаддас (Санта – «муќаддас». Клаус – «Николай»), ки бо кўмакњои пинњонии худ ба монанди туњфањои гуногун ба камбизоатњои фарзанддор машњур буд, мебошад. Дар аввал, 6 декабр дар рўзи Николайи муќаддас аз рўйи таќвими ибодатгоњ дар кишварњои аврупої роиљ буд, ки ба кўдакон аз номи ў туњфа супорида шавад. Вале дар замони ислоњот, замоне ки эњтироми муќаддасот дастгирї намешуд, дар Олмон ва кишварњои њамњудуд ќањрамоне, ки туњфа медод, Исо хурдакак гардид ва ин рўз аз 6 ба 24 декабр гузаронида шуд. Дар замони зидди ислоњот туњфањо аз нав ба кўдакон аз номи Николай супорида мешуд. Баъдан дар соли 1809 китоби «Таърихи Ню-Йорк»-и нависанда Вашингтон Ирванг баромад, ки ў дар мавриди замони роњбарии голландињо ёдовар мешавад ва дар бораи Николайи муќаддас менависад. Дар соли 1823 Клемент Кларк Мур достонеро бо номи «Шаби пеш аз Ид ё ташрифи Николайи муќаддас»-ро навишт, ки дар мавриди Санта Клаус ќањрамони афсонавие ќисса мекард, ки ба кўдакон туњфа медод. Дар барномаи њуљљатии «Ќиссаи Санта», ки дар солњои 2000-ум дар телевизиони History Channel пахш гардид, таъкид шуд, ки «бо шарофати Клемент Николайи муќаддас ба Санта Клаус табдил ёфт ва дар соли 1840 аллакай њар як амрикої медонист, ки Санта Клаус кист». Соли 1863 рассоми машњури амрикої Томас Наст ќањрамони Санта Клаусро истифода бурд ва аввалин бор симои ўро инъикос кард, ки дар Ќутби Шимол зиндагї мекунад. Мувофиќи ин расмњо Санта китоби махсус дошт, ки рафтори бад ва хуби кўдаконро ќайд мекард. Тибќи маълумотњо Наст Сантаро аз рўйи симои худаш инъикос кардааст. Рассом марди миёнаќад буда, риши дароз доштааст. Соли 1931 ширкати «Кока-кола» рекламаеро барои зиёд намудани фурўши мањсулоти худ дар айёми зимистон пањн намуд ва симои муосиртари Сантаро муаррифї кард. Ин симоро акнун њама мардуми љањон мешиносанд.

Тањияи Б.НОЗИРДУХТ

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: barno@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


иќтисод

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

2013: Иќтисоди Тољикистон бурд кадом асту бохт чист?

Одатан баъди сипарї шудани соле коршиносон, тањлилгарон, мутахассисон, рўзноманигорон бурду бохти яксолаи сиёсию иќтисодї ва иљтимоии кишварро тањлил ва ояндаи онро пешгўйї мекунанд. Чун дар рўзњои охири соли 2013 ќарор дорем, хостем андешаи баъзе аз нафаронеро, ки дар ин бора назари худро доранд, бифањмем. Абдураќиб Ќодиров, муфассири масоили иќтисодї вобаста ба ин мавзўъ андешааро баён дошт: -Иќтисоди Тољикистон дар соли 2013 дар маљмуъ тамоюли рушдро ба намоиш гузошт.

Басо хушбинкунанда аст, ки дар ин раванд бахши хусусї мавќеи калидї дошт. Лек ба мисли солњои пешин дар ташаккули маљмўи мањсулоти дохилї њамоно њиссаи соњибкории тиљоратї ва соњаи хизматрасонї бештар аст. Бахшњои воќеии иќтисоди миллї ва соњибкории истењсолї њанўз он љойгоњеро, ки бояд дар пешрафти иќтисод дошта бошанд, соњиб нестанд. Воќеият нишон медињад, ки бозори соњибкории тиљоратї мисли солњои пешин аз нигоњи манфиатнокии молиявї љаззоб нест, зеро ин бахши иќтисод аз њади талабот бештар доираи таклифот дорад. Аз ин рў, онњое, ки ќаблан дар бахши соњибкории тиљоратї машѓул буданд, ба соњибкории истењсолї ва соњаи сохтмон рў овардаанд, зеро ин бахшњо айни њол даромаднокии афзунтар доранд. Дар соли 2013 низоми андоз-

бандї андозсупоронро ќонеъ насохт, њарчанд гуфта мешуд, ки он сабукињои зиёде хоњад овард. Аз ин хотир, дар сатњи Њукумат ба зарурати такмили низоми андоз эътироф мекунанд. Хусусан меъёри андоз аз даромад ва андози иљтимої ба таљдиди назар ниёз доранд. Падидаи муњими таъсиргузор ва таъинкунандае, ки тавонист ба низоми шаклгирифтаи бозор дигаргунї ворид созад, ин оѓози фаъолияти корхонаи истењсоли семент дар ноњияи Ёвон буд, ки фазои раќобатї ва таѓйири нархро ба сўйи пойинравї ба миён овард, ки дар 22 соли истиќлол бесобиќа аст. Дар соли 2014 ба кор даромадани корхонаи дигари истењсоли семент дар шањри Вањдат низ метавонад бозори ин мањсулоти сохтмонии серталабро таккони тозаи пешрафт бахшида, дар маљмуъ ба рушди

соњаи сохтмон, ки муњаррики асосии иќтисод аст, боис гардад. Дар дурнамои миёнамуњлат бояд ба сохтмони корхонањои бузурги соњаи коркарди маъдан ва саноати сабук афзалият дода шаванд, зеро чунин иќтидорњои истењсолї метавонанд мубрамтарин мушкили иктисодиву иљтимоии Тољикистон – бекорї ва шиддати афзояндаи муњољирати мењнатиро њал намуда, инчунин ќисми даромади буљети давлатї ва умуман вазъи иќтисоди миллиро ба таври чашмрас бењбуд бахшанд. Њарчанд татбиќи ин лоињањои бидуни расидан ба истиќлолияти энергетикї душвор аст, ки ин нуктаро дар сатњи давлатї медонанд ва аз ин нигоњ масъулон нахуст мушкили камбуди нерўи барќро рафъ карданианд. Усмон РАњимзода, «Тољикистон»

Ширкати «ТАЛКО»-ро намефурўшем

Ш.Кабиров:

Маќомоти роњбарии КВД «Ширкати алюминии тољик» (Талко) ба хотири ширкати «РусАЛ» шуда, муносибатњои Тољикистону Русияро халалдор карданї нест.

Шералї Кабиров, Директори молиявии корхонаи «Талко» зимни нишасти хабарие, дар шањри Душанбе доир шуд, изњор намуд, ки «мо намехоњем, ки муносибатњои дуљониба бо ин корхона ба муносибатњо миёни Тољикистону Русия њам дар иќтисоду њам дар сиёсат мухолиф бошанд ва барои роњ надодан ба чунин вазъ, мо аз тамоми имконоти мављудаамон истифода мекунем». Ба гуфтаи Кабиров, айни замон ширкатати «Талко» дар вазъи ногувори молї ќарор дошта, 70-80 дарсади истењсолгарони алюминий дар љањон бидуни фоида кор мекунанд ва барои самаранокии ширкати мазкур дастгирии давлат лозим аст: «Нархи як тонна алюмний то 1695 доллар дар бозори љањонї расидааст, ки пасттарин нишондод дар соли равон аст. «Талко»

инчунин бо сабаби тўлонї будани роњи наќлиёт, тарифи баланди нерўи барќ, дурї аз манбаъњои ашёи хом ва нархи гарони роњи оњан зиёни молї мебинад». Тавре ки гуфта мешавад, ширкати «Талко»давоми 9 моњи фаъолияташ дар соли љорї ба љойи фоида 20 миллион доллар зарар дидааст. Аммо бо вуљуди ин, зиёнњои ширкати «Талко» дар ќиёс бо ширкатњои раќибаш, ба мисли РусАл, ба маротиб камтар аст. Ширкати РусАл дар шаш моњи фаъолият 611 миллион доллар зарар дидааст. Кабиров ин њама истодагарии ТАЛКО дар ќиболи буњрон дар бозори

алюминийро ба усули мавсум ба толлинг бастагї дод, ки аз шебу фарозњои нарх дар биржаи металлњои рангаи Ливерпули Британия чун «чатр аз борон» њимоят мекунад: «Аввал, дар мавриди толлинг мегуфтанд, ки ин як усули сиёњи баровардани пул аз кишвар аст. Мо дар 9 мурофиаи додгоњї ширкат доштем ва дар ягонтои ин мурофиањо усули толлинг зери шубња ќарор дода нашуд. Усули толлинг барои мо як «чатр»-е аст, ки воќеан њам корхонаро наљот медињад». Усули толлинг чунин маъно дорад, ки як ширкати хориљї ба «Талко» ашёи хом дода, дар ивазаш мањсулоти кор-

кардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. «Талко» аз коршарики толлингиаш танњо њаќќи истењсоли алюминийро мегирад. Кабиров афзуд, коршарики толлингии «Талко» - «ТАЛКО менељмент» - танњо дар соли гузашта 101 миллион доллар зарар дид, ки агар схемаи толлинг вуљуд намедошт, ин зиён бар дўши худи «Талко» меафтид. Дар њамин њол, масъулини «Талко» бо зикри Русия ва Чин, ки корхонањояшонро дастгирї мекунанд, аз давлати Тољикистон низ дастгириро интизоранд. ТАЛКО ният дорад, ашёи хомро аз њисоби захирањои дохилї дарёфт кунад ва инчунин изњор дошт, ки бо мурури ба нафаќа баромадани коргарони имрўза коргарони навро намегирад, чун вазъи молии корхона хуб нест. Бо вуљуди ин, Кабиров таъкид намуд, нияти фурўши корхонаи «Талко»-ро надоранд, зеро он корхонаи давлатї буда, ањамия��и калони иќтисодї-иљтимої дорад. Ба гуфтаи ў, айни њол дар корхона 10 њазор нафар кор мекунанду мањсулоти он 36 дарсади содироти солонаро ташкил медињад.

Тољикистон

7

2014: Буљети кишвар 13 миллиарду 901 миллион пешбинї шуд, кам ё кифоя? Буљети Тољикистон барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонї пешбинї шудааст. Ин нисбат ба буљети имсола 15,3 фоиз ё худ 1,8 миллиард сомонї зиёдтар мебошад. Тавре ки аз њисобукитоби Вазорати молия бармеояд, бори асосии буљети соли ояндаро андозсупорандагон мекашанд ва дар назар аст, ки соли 2014 аз њисоби андоз ба буљет 6 миллиарду 924 миллион сомонї ворид гардад, ки нисбат ба нишондоди имсола 20 фоиз зиёд мебошад. Тањлилгарон мегўянд, дар ин шароит сабукии андоз ѓайриимкон буда, дар соњањои алоњида метавонад, андозњо боз вазнинтар шаванд. Ин дар њолест, ки њукумати Тољикистон харољоти буљаро барои соли оянда 14,1 миллиард сомонї пешбинї намудааст, ки нисбат ба харољоти имсолааш 1,9 миллиард сомонї зиёд мебошад. Касри буљаи соли оянда, яъне харољот аз даромад 242 миллион сомонї зиёдтар аст, ки ба гуфтаи масъулини Вазорати молия як такон барои зиёдтар кардани даромади буља хоњад буд. Бар асоси дурнамо буљаи давлатї барои солњои 2015 ва 2016 мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонї пешбинї шудааст.

“Агроинвестбонк” раисашро дигар кард Алишер Солиев, раиси “Агроинвестбонк” аз маќомаш барканор шуда, ба љойи ў Суюнхон Рустамов таъин гардид. Дар ин бора ба мо аз “Агроинвестбонк” хабар дода, афзуданд, ки Суюнхон Рустамов ќаблан муовини Ќосим Ќосимов, вазири кишоварзии Тољикистонро бар уњда дошт. “Агроинвестбонк” бар асоси иттилои агентии “РИА Рейтинг”, ки њамасола тањќиќоти бонкиро дар кишварњои Иттињоди давлатњои мустаќил анљом медињад, калонтарин бонки Тољикистон аст, ки њаљми сармояи он ба њолати аввали соли равон 453 миллион долларро ташкил медињад. Ёдрас менамоем, ки Алишер Солиев моњи июни соли 2012, дар љаласаи сањомони «Агроинвестбанк», роњбарии ин бонкро бар уњда гирифта буд. Ў писари собиќ раиси Кумитаи андози Тољикистон Њаким Солиев буда, соли 1977 дар шањри Душанбе таваллуд ва соли 1999 Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм намудааст.

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: rahimzoda@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


номаи солинавї

8 Тољикистон

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Бахти носфурўш дар арафаи Соли нав омад кард

…Шокир Шарифов аллакай ќариб 10 сол собиќаи кори омўзгорї дошт. Мехост мисли падари рањматиаш -муаллим Шарифов якумр касби муаллимиро идома дода, дар байни мардум ном барорад. Аммо таќдир ба ў ќисмати дигареро тайёр намуда буд. Пас аз марги падар дар кишвар бесарусомонињо ба миён омаданд ва ќадри муаллим аз подабон њам камтар шуд. Подабон моли мардумро ба чаро мебурду њамонрўза нонашро меёфт, аммо муаллим бо дили гурусна ба мактаб рафта, аккалан бегоњї барои ањлу аёлаш як пора нон њам оварда наметавонист. Шокир њарчанд касбашро дўст медошт, аммо дигар тоќат карда натавонист ва зери таънаю маломати занаш монд. «Ноуњдабаро», «бекорхўља» «беаќл» мулоимтарин тањќирњое буданд, ки ба сари ў аз љониби њамсараш мерехт. Албатта ў занашро мефањмид ва сабаби ќањрашро њам медонист. Вале боз њам сахт мањзун мешуд, ки одами бепул дар назди зани худаш њам ќадр надоштааст. Бо њамсояи русияраваш гапзанон карду аз судхўри гузар, ки бо фоиз ќарз медод, њавличаашро ба гарав гузошта, пули чипта гирифт ва озими кишвари бегона шуд. Ин соли 1998 буд. Мисли њазорон тани дигар дар мусофират барои ањли байти худ нон пайдо мекард. Гоњ пули хуб меёфт ва гоње корфармоњо ба ќавле «кидат» мекарданд. Аммо ба њар њол, зиндагии ду писар ва се духтари худро якљо бо занаш андаке таъмин мекард. Аммо дар ноомади кор «атолла дандон шиканад» гуфтагї барин боре дар сохтмони дачаи як руси корфармо аз баландии ошёна дуюм хиште афтида, рост ба болои пояш зад ва аз буљулак поинро маљаќ кард. Ўро зуд ба шифохона бурданд, аммо духтурон гуфтанд, ки бояд аз буљулаки по поёнро буранд, вагарна устухонњои майдашудаи он дигар ба њам намеоянд. Шокир доду вой мекард, ки бе пой ў ба кї даркор аст, бењтараш монанд, ки дар њамин њол мурад. Аммо як духтури мўйсафеди рус, ки он љо буд, ба Шокир гуфт: -Чї хел ба кї даркорї? Шояд барои кори сохтмон дигар даркор набошї, аммо барои зану фарзандон ва зављаат ту даркорї. Ба хотири онњо шуда, ба ин њол афтодї, наход онњо туро партоянд? Шокир дигар муќобилият накард ва як ќисми пояшро буриданд. Корфармо андаке сари инсоф омад ва маблаѓи

табобату роњкирои Шокирро пардохт намуд. Бо њамин Шокир бо Русия якумра хайрбод гуфту ба ватан баргашт… …Носфурўшї касби бад нест, аммо даромадаш камтар аст. Шокир аз гузари Кабелний носро бо кило мегирифту баъд онро ба халтачањо љой карда, сари роњ менишаст ва ба ќавли худаш «чаканафурўши кайф» буд. Дар ин муддат аллакай як писараш донишљўйи Донишгоњи тиббї ва духтараш ба шавњар баромада буд. Аммо дар хона бо занаш якљо боз чор хўрандаи дигар дошт. Барои духтари дуюмашро ба шавњар баровардан маблаѓ лозим буд, барои зиндагии њаррўза маблаѓ лозим буд, барои роњкирою либоси бачаи донишљўяш маблаѓ лозим буд. барои протези пойи худаш маблаѓ лозим буд, барои пули барќу обу ину он маблаѓ лозим буд. Хулоса, барои њама чиз маблаѓ зарур буд. Боз ин сањар писари мактабхонаш пеши роњашро гирифта гуфт: -Ота, ман палто надорам. Дар мактаб хунук мехўрам, дар кўча њам…Очам мегўяд, ки отата гўй харад… -Хуб бачаљон, мехарам… Лекин њозир не. -Кай? -Андак пул ёбам… Шокир борхалтаи пур аз нос ва чанд ќуттї сигори фурўшишро бардошта, ба љойи доимиаш омад ва курсичаи латтагинашро пањн карда, борашро боли он монданї буд, ки нозири минтаќавии милиса, ки ўро хуб мешинохту шогирдаш буд, омада гуфт: -Салом муаллим. Илтимос дигар дар ин љо нос нафурўшед, маро дирўз сардор огоњ кард. Шумо одами босавод, аз ќонун хабар доред ку… -Медонам Алиљон, лекин худат медонї, ки рўзи ман бо њамин мегузарад. Он ду сум нафаќае, ки мегирам, роњкирои бачаам намешавад. -Медонам, лекин илољ надорам. Шумо маълумот доред, ба мактаб рафта ба бачањо дарс дињед. -Э ман акнун аз муаллимї хеле дур шудам… -Не, саводе, ки шумо доред, имрўзањо надоранд. Охир ба ман дарс дода будед, медонам. -Майлаш, баъд аз Соли нав ба мактаб рафта мебинам… Мон њамин рўз њам фурўшам, ба Зокирљон болопўш харидан лозим, њаво хунук шуд… Милиса дигар чизе нагуфта бо сари хам аз ў дур шуд… Шокир пас аз чошт пулњои кисаашро бароварда њисоб кард, ки фоидаи имрўзааш њамагї 15 сомонї шудааст. «

Бо ин пул магар палто харида мешавад?» илтимоси Зокирро ба ёд оварда худ ба худ гуфт Шокир. Вале ба ёдаш расид, ки дар «Аљинабозор» либосњои истифодашударо аз кишварњои аврупої оварда бо нархи арзон мефурўшанд. «Як њамон љо равам, шояд ягон палтои мувофиќу арзон ёбам…» Ў лангон лангон ба тарафи истгоњ рафт. Баъзењо мегўянд, ки дар ин бозор либосњои њамчун кўмаки башардўстона љамъкардаи дилсўзони аврупоиро барои кишварњои камбаѓал оварда мефурўшанд. Дигарон бошанд, бар он аќидаанд, ки ин молњоро худи савдогарон килоякї харида ин љо меоранд. Њарчи њам набошад, «Аљинабозор» њољати мардуми бебизоатро мебарорад. Дар ин љо њама намуди либосро бо нархи хеле арзон пайдо кардан мумкин. Шокир бо дастони хунукхўрдааш чанд тўдаи либосро тагурў кард, вале палтои мувофиќи Зокирро пайдо карда наметавонист. Нињоят як нимтанаи ба назараш мувофиќеро, ки андак рангаш парида буд, интихоб намуда аз фурўшанда нархашро пурсид. -15 сомонї дињед, мешавад… Шокир њисоб кард, ки агар 15 сомониро барои ин болопўш дињад, барои роњкиро пул намемонад -Додарљон, биё њаминро ба 10 сомонї дењ… -Не, амак худаш ба њамин ќадар омадагї. Хайр шумо маъюб будаед, биёед дар арафаи Соли нав хурсанд кунам. Њамагї 13 сомонї дињед кифоя… Шокир ноилољ аз он 15 сомонии киссааш 13 сомониашро ба фурўшанда дода, болопўшро ќат карда ба сумкаи калони носбиёриаш андохт. Ба назараш болопўш андаке аз њаљми худ дида вазнинтар намуд… -Занак, ман ба Зокир палточа харидам, акнун дигар хунук намехўрад… Зани Шокир болопўшро аз халта баровардаистода, онро ба ќадаш баробар кард ва ба шавњараш, ки дастонашрро дар берун мешуст нигаронида гуфт: -Ин аз афташ пўшидагї барин ку… -Не, вай аз Аврупо омадагї. Дар роњ шояд андак маљаќ шуда бошад,-кўшиши њазл кардан намуд Шокир, вале дар дилаш ба чунин зиндагие, ки аќќалан ба фарзандаш либоси нав харида наметавонад, лаънат фиристод. Ин дам занаш аз дар намоён шуда, бо хавоси парешон ба Шокир гуфт:

-Ин љо биё, мардак. Ин коѓазњо чистанд? Шокир ба сухани занаш сарфањм нарафта, ба хона даромад ва дар рўйи гилем пулњои парешонро дида пурсид: -Инњо аз куљо? -Надонам, аз ќабати астари њамин палто баромад, пули худамон барин не… Шокир саросема хам шуда, аз замин яке аз он ќоѓазњоро гирифта хонд: «500 евро». Ў бо дасту пойи ларзон болопўшро ба даст гирифт ва онро рўгардон намуд. Аз ќабати байни астару авраи палто ба љойи пахта боз њам банкнотњои арзишашон 500-и пули аврупої афтидан гирифт. Ин пањлўи болопушро баргардонда, ќисмати поёнии онро бо шиддат канд. Аз зери астари он њам ќабат ба ќабат пул баромад. Шокир болопўшро аз даст рањо карда, бењушона ба болои гилем нишаст. Ў бо чашмони худ бовар намекард. Ба занаш бо овози нимшунаво: -Китфи маро як пучида мон…,-гуфт Занак чизе нафањмид. -Китфамро пуч!-гуфта ин бор ў шиддат кард. Занак њам аз додзании шавњараш ќањр карда, бо тамоми ќувват аз оринљи даст болотари шавњарашро сахт пучид, ки аз шиддати дард Шокир аз љояш давида хест. -Дастат хушк шавад, ман хостам хоб ё бедор буданамро санљам. Шукр, ки бедорист. Аммо магар ин њамту як масхарабозї набошад? Кани яктояшро ба ман дењ, дигарњояшро љамъ карда мон, ман њозир меояму баъд њисоб мекунем… Шокир набудани пояшро њам њис намекард ва бо асобаѓал гўё мепарид. Зуд ба дўкони саррофии наздиктарин, ки дар гардиши кучаи Маяковский воќеъ буд, расида панљсадеврогиро ба сарроф дароз кард. Сарроф аввал онро гирифта хуб ба ин тарафу он тарафш зењн монд ва баъд бо ким чи хел асбоб тафтиш карду баргашта ба соњибаш назар кард, ки дар бар либоси назарногир дошт. Беихтиёр пурсид: -Инро аз куљо гирифтед? Якбора оташи ѓазаби Шокир боло гирифт ва бо зарда гуфт: -Чї факат шумоён пул доред? Инро додарам аз Дания фиристодааст. Ин љо биёр, ба дигар љо бурда иваз мекунам…. -Не, ман њамту пурсидам. Шумо доллар гирифтанї ё сомонї? -Сомонї…

Сарроф пулњои наќдинаашро њисоб карду гуфт: -Алњол дар дастам 1500 сомонї дорам, боќимондаашро бо доллар дињам мешавад? -Майлаш. Ваќте, ки Шокир бо якуним њазор сомонї ва дусад доллар аз дар даромад, занаш аллакай њамаи пулњоро аз ќабати палто бароварда, як љо ѓарам карда буд. -199 дона коѓаз баромад. Њамааш њамин тавр сурх, панљсадї … Шокир, ки њоло майнааш мисли компютер кор мекард,гуфт: -Занакљон, сад њазор евро. Ў бори аввал баъд аз дањ сол занашро ба оѓўш гирифт… …-Ана ако, бахти мо дар њамин шабу рўз хандид. Баъд аз ќабати остини њамон болопўш боз як мактубчае баромад, ки ба забони англисї навишта шуда буд. Баъд аз он, ки пулњоро њамроњи занак баљо кардем, мактубро гирифта ба назди додарзодаи англисидонам рафтам. Аз рўйи гуфти ў, дар мактуб навишта шуда будааст, ки «Ман, Стела Эвансон, шањрванди Дания, ки ягон меросхўр надорам, пеш аз марги худ ин пулњоро ба шахси бароям ношиноси камбаѓал равон кардаистода, мехоњам, ки Худо гуноњњои индунёии маро бубахшад ва дар ин дунё њамин мард ё зани камбаѓалро бениёз гардонад. Ба ман аз Худо бароям наљот хоњед, басанда аст». Дар дохили мактуб як сурати хурди зани солхўрдае низ буд,- ин суханонро гуфтаистода, Шокир ба ман акси сиёњу сафедеро, ки шумо дар сањифа мебинед, дароз кард. Ин шабу рўз Шокиру фарзандонаш ид доранд. Њарчанд падараш ба Зокир палтои наппа нав харида дод, аммо ў мехоњад танњо њамон болопўшеро ба бар кунад, ки барои оилаашон сад њазор евро туњфа овардааст. Директори мактаби миёнаи № 112 дар суњбат бо мо изњор намуд, ки аз оѓози Соли нав Шокир Шарифов ба њайси муаллими математика дар ин мактаб ба фаъолият оѓоз хоњад намуд. Худи Шокир ният дорад, ки пас аз ба шавњар додани духтари дуюмаш, барои писараш сехонагї харад. Дар арафаи Соли нав ў ба Дания, шањри Валве, кўчаи Киркегаде, хонаи 34 табрикоти солинавї фиристод ва хонум Стела Эвансонро барои ѓамхориаш ташаккур гуфт. Агар ин хонум њоло дар њаёт бошад, аз расидани туњфааш ба нишонии хостааш хурсанд хоњад шуд… А.АЊМАДЗОДА, «Тољикистон»


№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Чї гунае, ки Соли Навро пешвоз мегиред, он солро њамон тарз мегузаронед, ба ин њељ шакку шубњае нест. Инро одамон дар рўйи олам ба назар гирифта, љашнгирии онро ба риояи анъанаю оинњои ќадимии худ љашн мегиранд. Ва зери њар як амали дар Соли Нав иљро шуда фалсафае нињон аст, ки аз оини гузаштаи њар халќу миллат дарак медињад. Биёед ба сайри дунё меравем то бубинем, ки мардуми олам чї гуна Соли Навро љашн мегиранд. Аввал бояд каме аз таърихи пайдоиши Соли Нав бигўем. Муњаќќиќон наќл мекунанд, ки пайдоиши Соли Нав аз замони Вавилони Ќадим маншаъ мегирад. 4000-сол пеш аз ин Вавилонињо тољу тахтро аз дасти душманони худ гирифта, онњоро аз малакаташон пеш мекунанд. Мардуми шањр расо 11 рўз либосњои фохиру зебо пўшида «оѓози зиндагии нав»-ро љашн мегирифтанд. Дар њоли њозир низ дар баъзе давлатњои Аврупої соли навро 6-7 рўз љашн мегиранд. Шаби соли нав дар кўчањои Италия гаштан хело хатарнок аст. анъанаи халос шудан аз љињозњои шикастаю нолозим дар соли нав дар ин љо то њол идома дорад. Баробар ин, наздик шудани аќрабаки соат ба истиќболи Соли Нав тамоми љињозњои кўњнаву шикаста ва нолозимро: аз љумла яхдон, зарфњо, мебелњо, мизу курсии шикастаро аз тирезањо берун мепартоянд. Ривояте њаст, ки гўё баробари халос шудан аз љињози кўњна дар соли нав љойи онро њатман љињози нав мегирад. Ва дар баробари ин онњо мехоњанд дар шаби Соли Нав аз тамоми дарду ѓами соли гузашта халос шаванд ва зиндагии навро бо љињози нав оѓоз кунанд. Пас дар шаби Соли Нав дар Италия бояд хело эњтиёткорона ќадам бояд зад, зеро шубхае нест, ки ба саратон яхдони кўњна ё курсии шикаста бархўрад… Дар баъзе мавзеъњои Италия анъанаи ѓайриодии дигаре мављуд аст. 31 – декабр мардњо ва занњо ба якдигар либосњои хоб ва тањпўшњои сурх туњфа мекунанд мањз њамин ранг (яъне сурх) нишонаи вафодорї дар соли навин хоњад буд. Дар рўйи мизи соли навии итолиёвї њатман донагињо ва ангур дида мешавад ин нишонаи зиёдумрї, саломатї ва муваффаќият аст. «агар чизе барои туњфа кардан ба дўстон надорї – мегўянд итолиёвињо- «оби нав» туњфаашон кун». Наќл мекунанд, ки оби нав аз чашма гирифта шуда дар соли нав хушбахтї меорад. Дар Булѓористон Соли Навро чун анъана дар хона љашн

сайри олам

Тољикистон

Ширбиринљ дар Соли нав

9

саратонро ба он ѓўта дода, баъд хобед

мегиранд. Вазнинии аз њама зиёд дар шаби Соли Нав ба сари хурдтарин аъзои оила аст. Ў тамоми шаб дар назди арчаи орододашуда рост истода ба мењмонон (одатан кўдакон) ќанду конфетњое, ки калонњо дар киссањояш андохтаанд, туњфа мекунад. Дар лањзаи аз њама њассос, соати 24 хурди хона ширкат намекунад. Баробари баробар шудани аќрабаки соат ба 12-и шаб чанд даќиќа чароѓњо хомўш карда мешавад ва дўстдоштањо бо якдигар бўсобўсї мекунанд. Баъд чароѓњо боз фурўзон мешаванду соњибхона ширинињои сењрнокро таќсим мекунад, ки дар дохили он њар гуна рамзњо гузошта шудааст. Эњтимол аст, ки касе њангоми хўрдани ширинї дандонаш ба танга, ки рамзи бойигарї ва барор дар соли нав аст, бархўрда шиканд, аммо ин дарди љонкоњ низ наметавонад пеши роњи хурсандии беинтињоро бигирад, зеро бовар дорад, ки дар соли нав ў сарватманд мешавад. Ё баъзењо метавонанд аз дохили шириниашон барги садбарг ёбанд, ки нишонаи муњаббат аст. Анъанаи дар ширинї гузоштани рамзњо дар Руминия ва Австралия низ во мехўрад. Дар Испания шаби Соли Нав њар соати ќабл аз фарорасии Соли нав як маротиба ангур ё мањсулоти аз ангур тайёршуда истеъмол мекунанд. Баробари истеъмол ягон орзу мекунанд. Ривояте њаст ки гўё донањои ангур љомаи амалпўшонандаи орзуњоянд. Шаби Соли Нав дар Олмон навхонадорон аз пушти тирезањояшон ба осмон тир холї мекунанд. Њамон ќадар шумораи тирњо зиёд бошад њамон ќадар њиссиёти онњо нисбати якдигар зиёдтар мешавад. Пеш аз нимашабї немисњо ба болои миз мебароянд. Ва баробари бархўрдани аќрабаки соат аз боли миз ба соли нав мељањанд ва дар дасташон албатта танга медоранд то соли нав барояшон бобарор ва бодаромад бошад. «Хушбахтї њангоме ба инсонњо дар соли нав ёр мегардад, ки сабзии аз тирамоњ дар дохили асал нигоњдошташударо хўрї»- мегўянд немисњои пир. Дар Дания бошад ба љойи хуриши расмии соли навї«оливе» («оливия») ширбиринљи ширин омода мекунанд ва онро бо иштињо

истемол мекунанд. Пас аз хўрдан сарашонро ба табаќи пур аз ширбиринљ зер карда то сањар сару рўйи пур аз ширбиринљ хоб мекунанд… 108 маротиба занги зангўла вуруди Соли навро ба Љопон шодбош мегўяд.Љопонињо бовар доранд, ки њар як садои зангўла як нерўи ањримании инсонро мекушад. Неруњои ањриманї њамагї шаш тоянд (бахилї, бадљањлї, беаќлї, сабукфикрї, беаќидагї ва њасудхўрї), лекин њар яки ин нерўњо 18 – тої пањлў доранд барои њамин њам зангўла 108 маротиба занг мезанад. Барои он ки хушбахтї ба хонаи љопонињо ворид шавад, онњо дарвозаи хонаро бо шохњои бамбук ва сафедор оро медињанд, ки нишонаи зиёдумрї ва садоќат аст. Хўрокњои болои мизи солинавї низ фалсафаи худро доранд: макаронњои дароз – нишонаи дарозумрї, биринљ –расої, харчанг –ќувват, лубиё – саломатї. Сањарии барваќт ваќте ки соли нав меояд љопонњо берун мебароянд ва нурњои офтобро пешвоз мегиранд. Дўстон ба якдигар туњфа медињанд. Бењтарин туњфа дар ин ваќт хаскашак мањсуб меёбад, ки бо вай метавон тамоми хушбахтињоро ба хона кашид. Дар Куба Соли Навро мисли дигар љашнњо хело бо хушї пешвоз мегиранд. Дар арафаи љашн кубагињо дар сатилу кўзањо об пур меку-

нанд ва баробари бархўрдани аќрабаки соат ба 12 обро аз тиреза ба берун мерезанд. Бо ин роњ онњо мехоњанд ба соли кўхан роњи сафеду мисли об шаффоф орзу кунанд.. Шветсария. Бо вуљуди он, ки анъанањои мардуми ин љо дар тўли таърих бо фарњанги фаронсавї, олмонї ва итолиёвї омехта шуда буд, аммо Соли Нав бо љузъиётњои људогонаи худ фарќ мекунад. Барои љашнгирии Соли Нав пешакї омодагии љиддї мебинанд. Аз њама муњим ќонуни асосиро бояд риоя кард, – Соли Навро бояд тарзе љашн гирифт, ки аз он њамсояњо нороњат нашаванд. Умуман дар ваќти љашнгирии њамаи љашнворањо шветсарњо як њафта пеш њамсояњои худро бо навиштаљоте дар пушти дарашон огоњ мекунад. Дар он навиштаљот чунин менависанд: рўзи –Х онњо љашн (шабнишинї, љамъомад, маърака) –и Х аз соа��и Х то соати Х, љашн гирифта мешавад. Бо сабаби халалдор намудани нороњатии эшон аз онњо пешакї узр мепурсанд. Дар баробари ин дар навиштаљот бовар кунонида мешавад, ки љамъомад дар соати муайян ба охир мерасад ва мењмонон дар соати нишондода албатта мераванд. Ва онњо њамсояњоро бовар мекунонанд, ки онњо мусиќии баланду гўшхарош, садои пой ва раќсњои ѓалатиро намешунаванд. Истифодаи маводњои перотехникї,

сар додани салюту фавворњо ба осмон ќатъиян манъ карда шудааст ва дар сурати риоя накардан аз тарафи полиси сўхтор ба љавобгарї кашида хоњад шуд. Финландия ватани асосии Бобои Барфист. Финињо аз ин дории худ хело мефахранд ва аз пушти ин даромади зиёде ба даст меоранд. Зеро шаби Соли Нав мардуми одї низ метавонанд либоси Бобои Барфї пўшида ба кўчањо бароянд. Сайёњони хориљї бошанд, ба фикри оне, ки Бобои Барфии њаќиќиро мебинанд, албатта ба ин љо меоянд. Соли Нави хитої дар байни рўзњои 17 январ ва 19 феврал љашн гирифта мешавад. Намоишњои кўчагї ќисмати асосии љашн ба њисоб мераванд. Њазорњо чароѓ дар кўчањо фурўзон карда мешавад, то Соли Навро бо рўшної хушбошї кунанд. Чинињо бар он аќидаанд, ки Соли Нав бо деву парї ињота карда шудааст ва барои тарсонидани онњо ва Соли Навро поку шаффоф пешвоз гирифтан њар шаб њазорњо маводи пиротехникї метарконанд. Баъзан онњо тирезањояшонро бо ќоѓаз махкам мекунанд то љину париро ба хона роњ надињанд. Дар Хитой иди Соли Нав, ин иди оилавї аст ва њама кўшиш мекунанд шаби Соли Нав дар як љо сарљамъ бошанд. Тањияи Одили Нозир


10 Тољикистон

сањифаи таърих

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

100 зани машњури тољикистон

Соли 1998 журналисти амрикої М. Х. Харт «100 инсони бузургтарин» -ро муайян намуда, дар матбуот чоп намуд. Баъдан Ирина Семашкои рус «100 бузургтарини зан» интихоб намуд ва дастраси омма гардид. Худи Ирина Семашко гуфтаааст: «Дафъатан гуфтаниям, ки мо иљрои сангинеро бар дўш гирифтем, зеро бонувони бузургтарин ангуштшуморанд. Занњњои машњур бењадду њисоб, вале бузургтаринашон, ки дар тўли ќарнњо вирди забонњо ва ќањрамонони достонњо мебошанд,15-20 нафаранд».

Барои ман кори басе душвору сангин ва солњо зарур шуд, ки 100 зани машњур, ки дар Тољикистон бо фаъолияти илмию фарњангию сиёсї ва мењнатї машњур гардидаанд дар натиљаи омўзиши китобњо, пурсишњои зиёд холисона ва воќеъбинона давоми 100 сол , аз соли 1900 то соли 2000-умро гирд оварам. Ман барои маслињатњои муфид аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди њукумати љумњурии Тољикистон, аз директори Пажўњишгоњи таърих, археологї ва мардумшиносии ба ном Ањмади Дониши Академияи илмњои Тољикистон Академик Рањим Масов, аз доктори илми таърих, профессор Роњат Набиева, ки барои дарёфти маводњо кўмак расониданд, изњори сипос менамоям. Занњои машњур дар љомеъаи Точикистон бо фаъолияташон мавќеъ пайдо намуда, депутат-вакили халќ дар парлумонии СССР ва Тољикистон шуданд, вазир буданду котиби КМ ПК Тољикистон, муовини Сарвазир ё муовини Раиси парлумон шуда , кор кардаанду соњиби унвонњои баланду ордену медалњо гаштаанд. Мувофиќи баъзе аќидањо вазифаи зан дар хона нишастану таваллуд кардан аст. Дар китоби диншинос Абдуллоњи Роњанамо «Уламои исломї дар Тољикистон» ( нашриёти «Ирфон», 2009) ягон нафар зани машњурро аз ислом дар Тољикистон номбар карда накардаанд. Ё дар ислом чунин занњо нестанд? Солњои аввали њокимияти шўравї дар Бадахшон Савсану Нисо машњур буданд. Бо номи Савсан имрўз дар Бадахшон теппае бо номи «Савсанпарин» њаст. Дар Рашт аз љониби Фузайл Махсум се нафар аввалин муаллимањо -Сайрамбибї Абдуллоева, Оламбибї Гадоева ва Маълумбибї Ќосимова барои бо рўмоли

сар дарс гуфтану фаранљї надоштан дар байни бозор , намоишкорона ба дор овехта шуданд, ки номашон то имрўз вирди забонњост. Дар солњои љанги Бузурги Ватанї 78 нафар зани тољик ба майдони њарбу зарб рафта, зидди душман љангиданд. Мегўянд, ки бо парвозњои пай дар пайи љангии духтари тољик Ойгул Муњаммадљонова бояд ба ў унвони Ќањрамони Иттифоќи Советї медоданд. Доктори илми таърих,профессор Роњат Набиева , ки як умр дар бораи мавќи зан тањќиќот бурдааст, мегўяд, ки аз Тољикистон на 78 нафар , балки садњо нафар занону духтарон ихтиёран ба љанг рафта буданд. Танњо аз Институти педагогии ба ном Шевченкои Сталинобод , њоло Донишгоњи давлатии омўзгории Ба номи Садриддин Айнї 27 нафар донишљўёну омўзгорон дастаљаъмона бо ихтиёри худ ба ЉБВ рафта буданд, ки дар байнашон донишљўдухтарон њам буданд. Занњо асосан дар сиёсат ва фарњанг машњури халќ шудаанд. Занњо асосан дар як давраи муайян машњуру вирди забонњо мегарданд. Дар соли 2012 духтари аз њама машњур- муштзани 19-сола Мавзуна Чориева буд. Дар давоми 20 соли Истиќлолияти давлатї боз бисёр занњо дар майдони адаб, илм, њунар, сиёсат машњур гардиданд. Фарќи занњои машњури замони Истиќлолияти давлатї аз даврони шўравї дар он аст,ки занњои машњури тољик говљўш, дењќони пахтакор, картошкапарвару кирмакпарвар буданд.Аммо њоло онњоро аксаран аз рўи фаъолияти сиёсї фарњангї ва ё варзишї мешиносанд Њоло ному насаби 100 нафар зани дар замони шўравї машњурро меорем. Агар сари ин мавзўъ ирод ва пешнињодњо бошанд, унвони њафтаномаи «Тољикистон» ирсол намоед. 1. Абдуллоева Гулсара-Артисти Халќии Тољикистон, Театр 2. Абдуллоева Сайрамбибї-шањиди роњи озодї. Муаллима. 3.Абдурањмонова Муњаббат Сафаралиевнасиёсатмадор,вазир 4. Абдурањмонова Раъносиёсатмадор, Арбоби љамъиятї 5.Абдушукурова Тамара Махсумовна-сиёсатмадор, вазири фарњанг 6. Абдусаломова Рафоатаввалин наттоќи телевизион 7. Абдуњалимова ХатичаАртисти Халќии Тољикистон 8. Азизова Азиза-Артисти Халќии Тољикистон 9. Азимова Ашўрбибї-сиё-

сатмадор, депутати Шўрои Олї 10.Аминзода Зебо-Артисти Халќии Тољикистон, Асосгузори Ансамбли раќсии «Зебо» 11. Ахмедова Барно-Артисти Халќии Тољикистон 12. Бандишоева СавсанАртисти Халќии Тољикистон 13.Бадриддинова ЗулфияРассоми машњур 14. Бандишоева СавсанАртисти Халќии Тољикистон 15. Бердиева Бўринисо Асроровна- сиёсатмадор ва журналисти шўълавар. 16.Бобоева Хосият-доктори илмњои таърих, профессор. 17. Бобосодиќова Гулљањон-сиёсатмадор. Денутати Шўрои Олї. 18. Бойматова Энаљонпахтакор, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї 19. Боќиева Муслима-Артисти Халќии Тољикистон 20. Боќиева Суфро-говљўш, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї,депутати Шўрои Олї 21. Бурњонова Лўъбатавввлин наттоќи маълумоти олидори телевизион 22. Гадоева Оламбї-шањиди роњи озодї 23. Žаффорова Мунзифа ќањњоровна-Доктори илмњои фалсафа, пофессор 24. Žуломова Фотима-Артисти Халќии Тољикистон 25. Демидчик Лариса Николаевнва-адабиётшиноси тољик 26. Додхоева Мунаввара Файзулоевна- узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон, профессори соњаи тиб 27. Додхудоева Бозгул – сиёсатмадор,вазир,љонишини сарвазир, 28. Зарипова Низорамоњсиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 29. Зоњидова Лутфї- Артисти Халќии СССР 30. Зулфия Атої-Шоираи Халќии Тољикистон 31. Иброњимова Тўхта-Артисти Халќии Тољикистон 32. Иноятова Мунира Абдуллоевна-сиёсатмадор, вазир, депутати Шўрои Олї 33. Иноятова Розия Зикруллоевна-сиёсатмадор, вазир,депутати Шурои Олї. 34. Исоева Майрам-Артисти Халќии Тољикистон 35. Исоева Сайрам-Артисти Халќии Тољикистон 36. Исњокова Барно-Артисти Халќии Тољикистон 37. Исњоќбоева Мењрї-Артисти Халќии Тољикистон 38.Кабирова Лутфї-Артисти Халќии СССР 39. Калонова Маѓфиратсиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 40. Каримова Махфиратсиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 41. Каримова Зўњро-Арти-

сти Халќии Тољикистон 42. Каримова ЊабибаЌањрамони Мењнати Сотсиалистї ,муаллима 43. Ќаландарова МалиќаАртисти Халќии Тољикистон 44. Ќобилова Бањриниссо Туйчиевна- доктори илмњои таърих,профессор 45. Ќодирова Ќумрї-Артисти Халќии Тољикистон 46.Ќосимова Адолат Темуровна-сиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 47. Ќосимова Раљабгул-Артисти Халќии Тољикистон, театр 48. Ќосимова Сурайё-Аристи Халќии Тољикистон 49. Ќосимова Маълумбибї-Шањиди роњи озодї, муаллима 50. ќосимова Мукаррамдоктори илмњои филологї, профессор, арабшинос 51. Ќосимова Мунаввара-сиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 52. Ќосимова МушаррафаАртисти Халќии Тољикистон 53. ќурбонова Зайнаббибїшањиди роњи озодї 54. МавлоноваЊанифа-Артисти Халќии СССР 55. Мањмудова МуњаббатЌањрамони Мењнати Сотсиалистї, муаллима 56. Мирзоева Хусноро- сиёсатмадор, депутати Шўрои Олї 57. Муллољонова ШоистаАртисти Халќии Тољикистон 58. Муњаммадљонова Ойгул-Лётчикзани машњури тољик дар ЉБВ 59. Мирљумъаева ГавњарАртисти Халќии Тољикистон 60. Мўсоева Рафиќа Мўсоевна-сиёсатмадор, вазир, депутати Шурои Олї 61. Набиева Роњат Абдувањњобовна-Доктори илмњои таърих,профессор 62. Назарова Хайрї-Артисти Халќии Тољикистон,театр 63. Насриддинова Латофат-сиёсатмадор, Депутати Шўрои Олї 64. Нањангова Мамлакат- яке аз аввалин пахтачиндухтаре, ки бо В.И. Сталин вохўрдааст. Муаллимаи забони англисї,. 65.Ниёзова Сафия- иштирокдори ЉБВ, лейтенанти калон, Духтури Хизматнишондодаи РСС Тољикистон 66. Неъматљонова Кимиё-Доктори илмњои бьиологї,профессор 67. Носирова Ашўра –Артисти Халќи Тољикистон, соњибмактаб 68. Отахонова ХуршедаАкадемики Академияи илмњои Тољикистон, адабиётшинос 69. Пўлодова Гулнора Комиловна-Вазири тандурустї. 70. Пўлодова Махкам Тоњировна-Профессор ,аккушер-гинеколог

71. Рањима Шалоэр-Артисти Халќии Тољикистон, эстрада 72. Рањимова Адолат-Сиёсатмадор, Депутати Шўрои Олї 73. Рањимова Анзурат Мирзобоевнасиёсатмадор,Арбоби љамъиятї 74. Рањимова Бињољал Фатњуддиновна-Сиёсатмадор, Арбоби љамъиятї 75. Рањимова Зулайхо-Артисти Халќии Тољикистон, раќќос 76. Рањимова Ибодат-сиёсатмадор, Депутати Шўрои Олї 77. Рањматова Нуќра-Артисти Халќии Тољикистон 78. Рањмонова Адолатсиёсатмадор,Депутати Шўрои Олї 79. Рауфова Нигина-Артисти Халќии Тољикистон 80. Рашидова ШарофатАртисти Халќии Тољикистон 81. Рањмонова Сайлї- Депутати Шўрои Олии СССР, картошкапарвар 82.Рустамова ЗебунисоЌањрамони љањон оидба камонварї 83. Рустамова ќиматСиёсатмадор,Депутати Шўрои Олї 84. Сабзаалиева Оятбегим- Артисти Халќии Тољикистон 85. Савриддинова Гулафзо-сиёсатмадор, Депутати Шўрои Олї 86. Сафиева ГулрухсорШоираи Халќии Тољикистон 87.Собирова Малика- Артисти Халќии СССР, балерина 88. Содиќова Гулчењра – Артисти Халќии Тољикистон 89. Сулаймонова Гулчењрашоира 90. Сулаймонова Паттї Азизовна- Аввалин милисазани тољик,сардори ШКД 91. Таѓоева Робия Аллаёровна-сиёсатмадор, Депутати Шўрои Олї 92. Тоирова ²амро Зоировна-сиёсатмадор, вазир,Депутати Шўрои Олї 93. Тўйбоева Сафия-Артисти Халќии Тољикистон 94. Успенская Людмила Владимировна- Доктори илмњои филологї, забошшиноси маъруфи тољик 95. Фозилова Тўњфа-Артисти Халќии СССР 96 Эргашева Мастона-Артисти Халќии Тољикистон 97. Шарифова Лайло-Артисти Халќии Тољикистон 98. Юсупова Сорољон-аввалин зани геолог-минеролог 99. Њакимова СаъдиниссоАкадемики Академияи илмњои тиббии СССР, асосгузори мактаби момодоягї 100.Њакимова МављудаШоираи Халќии Тољикистон К.Ањмад


№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

навгонї

Хуљанд

Тољикистон 11

соњиби нишони худ мешавад

Шањри Хуљанд таърихи зиёда аз 2500 сола дошта, дар љумњурї бо фарогирии зиёда аз 160 њазор ањолї дувумин маркази калонтарин ба њисоб равад њам, вале то њол нишон ва рўзи худро надошт. Мувофиќ ба ќарори ба тавсиб расидаи шањрдори шањри Хуљанд Раљаббой Каримов оид ба муайян намудани нишон ва рўзи шањр, дар маркази вилояти Суѓд тули зиёда аз як моњ мешавад, ки бањсњо оиди ин мавзўъ идома доранд. Барои тањияи бењтарин рамзи шањри Хуљанд озмун эълон гардидаст. Тибќи ќарори мазкур, ки моњи гузашта ба чоп расида буд, низомномаи озмун низ ба тавсиб расидааст, ки вобаста ба он њар як иштирокчии озмун, хоњ шањрванди одї, хоњ олим ё адиб, тарихшинос ё рассом тасвир ё амалї худро дар шакли ранга дар њаљми 20х10 ба њайати комиссияи озмун то 20 декабри соли љорї ба маќомоти иљроия бояд пешнињод менамуд. Тасвирњои ирсол шуда дар љаласаи комиссияи навбатї аз тарафи њар як иштирокчии озмун њимоя карда шуда, баъди тасдиќи аъзоёни комиссия ба Раиси шањр пешнињод карда мешавад. Алњол, бањсњо оиди намуди тасвирии нишон ва интихоби рўзи шањр, давом доранд. Ба фикри баъзе аз адибону фарњангшиносони шинох-

та муњлате , ки барои интихоби нишон муайян карда шудааст, нокифоя аст ва хуб мешуд пешнињодот идома ёфта, он дар арафаи Иди Наврўзи соли оянда љамбаст шавад. Айни њол аз тарафи чї шањрвандон ва чї олимону рассомон барои тасвир ва наќши рўйи рамз фикру андешањои гуногун ба амсоли дар рўйи он љой додани тасвирњои ба Хуљандшањр хос ё ифодакунанда дошта, чун - мусаввароти уќоб, кўњи Мевагул, дарёи Сир, инчунин аскњои ќањрамонони ин макон, ба монанди Темурмалику Камол, нуљумшинос Абумањмуди Хуљандї, љойњои таърихї- бозори Панљшанбе, маќбараи Шайх Муслињиддин, Касри Арбоб ва ѓайра баён гардидаанд. Марњабохон Исмоилова, сокини Хуљандшањр, корманди шуъбаи гинекологияи таваллудхона вилоят, иброз дошт, ки ў иќдоми роњбарияти шањрро дастгири намуда гуфтанист, ки ќабул шудани нишон ва рўзи шањр ин боиси ифтихори њар як шањрванд мегардад. Зеро чуноне, ки њамагон огањї дорем, дар мамалакатњои хориља, аз он љумла Аврупову Руссия шањрњои калонтарин њам рамз доранду ва њам Рўзи шањрро ќайд мекунанд. Дар масъалаи интихоби Рўзи шањр - хуб мешуд, охири фасли бањор ё аввали тирамоњ интихоб шавад, зеро ин фаслњо барои баргузории њамагуна чорабинињо бисёр бамаврид ва ќулай мебошад. Бояд гуфт, ки сокинони маркази вилояти Суѓд то њол аз муљассамаи Лочин, ки бо пойњои худ мори сиёњро мефишораду, њамчун ифодагари покиву муборизабарандаи њамагуна ѓаразњо ба њисоб меравад ва дар мањаллаи Учоќ, дар даромадгоњи шањри Хуљанд воќеъ аст , чун рамзи шањр ном мебурданд, аммо он расман чун рамзи пазирруфта нашудааст. Бањри боз њам равшани андохтан ба суоли, оё солњои пешин шањри Хуљанд нишон ё рамзи худро дошт, ба осорхонаи вилояти равона шудем. Кимиёхон Атаева, сармуњофизи осорхонаи вилояти Суѓд, номзади илмњои филология, ки худ низ ба ин озмун чанд тасвир-рамзи худро мехоњад пешнињод кунад, баён намуд, ки – “ дар осорхонаи таърихии вилояти Суѓд дар ќатори дигар ашёњову ни-

горањо, њуљљатњову санадњо акси рамзњо низ мањфуз дошта мешаванд. Аз он љумла, яке аз њуљљатњои таърихи ин расм-рамзи Хуљанд, ки он бо ќарори Њокими губернияи Самарќанд, ки дар он солњо уезди Хуљанд ба он дохил мешуд, 14 апрели соли 1910 тањти №33359 тасдиќ карда шудааст, нигоњ дошта мешавад. Дар он лавњаи нуќрагин се барги сабзи дарахти тут ва болои барг се кирмак љойгиранд. Дар ќисми кушоди болои лавња бошад, нишони вилояти Самарќанд љойгир аст. Лавња бо тољи нуќрагин наќш ёфта, он бо хушањои тиллои пухтарасидаи гандум ињота

на он ќадар мураккаб бояд бошад. Ба гуфти ў дар ин маврид рамзе, ки дар боло зикраш шуд ва то њол дар осорхона боќист, метавон бо илова намудани таѓйирот боз истифода бурд. Масалан тасвири тољ њамчун нишони тољдори тољикон бояд нигоњ дошта шуда, ба љойи хушањои гандум, азбаски дар шањри Хуљанд гандум-

шуда, бо лентаи Александри печонида шудааст. Тољ дар ин љой - тољдор будани тољиконро, хушањои гандум серњосилї ва лентаи печонида шуда - матоњои абрешимї, ки бо истењсоли он Хуљандшањр нињоят машњур буд, ифода мекунад. Рамзи дигаре, ки дар осорхона нигоњ дошта мешавад, ин табаќ мебошад, ки дар он наќши ду корд ва миёнаљойи он гулро дидан мумкин аст. Чунин наќшњо дар табаќњо солњои пешин њамчун ифодакунандаи рамзи шањр истифода шуда, он аз макони косибон ва рамзи љавонмардиву матонат ва гул бошад њамешабањориву зебоги гувоњї медод. Дар идомаи сухан ў инчунин илова намуд, ки рамзњое, ки дар нигорањои дар осорхона мављуд буда, аз он шањодат медињанд, ки шањри Хуљанд дар њаќ чанд садсолањо пеш низ рамзи худро доштааст, зеро дар хумдонњо, косањо, зарфњо нишонањои мављи дарёи Сир, офтоб, тољихурус, анор, кирмак ва ѓайра дида мешаванд. . Ба фикри Кимиёхон Атаева, намуди рамзе, ки алњол ќабул ва тасдиќ карда мешавад,

парварї нест, хушањои ангур ва зардолу ифода карда шуда, дар миёнаи рамз наќши кўњи Мевагул бо офтоб ва дар поён наќши осорхонаи вилоятї ва дарёи Сир тасвир дода шуда, номи Хуљанд бо ду забон бояд навишта шавад. Дар мавриди интихоби рўзи шањр К. Атаева илова намуд, ки пешнињоду та-

клифњо дар ин самт низ бисёранд. Яке аз пешнињодњо, ин њамчун рўзи шањр ќабул намудани санаи ба шањри Ленинобод баргардонидани номи аслии он Хуљанд ба њисоб рафта, (26 феврали соли 1991 тибќи карори Шурои Олии ЉСС Тољикистон тахти № 246) , гурўњи дигаре дар он аќидаанд, ки санаи рўзи шањр дар як фасле интихоб карда шавад, ки њам обу њавову ва њам муњити атроф ба баргузории чорабини шукуњи хосае бахшад. То њол дар љумњурї Рўзи шањр танњо дар шањри Душанбе, он њам бошад, њамасола дањаи дувуми моњи апрел, њамчун рўзи пойтахт ќайд карда мешавад. Айни њол њайати комиссия, иборат аз 20 нафар, ки ба он олимону адибон, муаррихону рассомон, устодони донишгоњњои олии вилоят, намояндагони вакилони мардуми шомиланд, ба ќабул ва интихоби тасвирњои бењтарин омодагї дида истодаанд. Мувофиќ ба наќша-чорабинии озмун охири моњи декабри соли равон санаи “Рўзи шањр” ва “нишони шањр” муайян карда шуда, дар вазъияти тантанави ба ѓолиби лоињаи “нишони бењтарин” маблаѓ дар њаљми 5000 сомонї супорида мешавад. Абдуањад Дадобоев, Суѓд, суратгир Абдушафеъ Рабиќов


12 Тољикистон

сўњбати рўз

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Сафири Озарбойљон:

Тољикистон бо нафти худї таъмин хоњад шуд

Суњбати ихтисосии хабарнигори «Тољикистон» бо Аббосали Каром огли Гасанов, Сафири Озарбойљон дар Тољикистон. -Љаноби сафир, бањои Шумо ба њамкори ду кишвар: Озарбойљону Тољикистон дар соле, ки сипарї мешавад, чист? -Мо барои тавсияи њамкорињои дуљониба њавасмандем. Мардуми Озарбойљон ва Тољикистон бо вуљуди он ки аз лињози љуѓрофї аз њамдигар дур њастанд, вале аз лињози равобити илмї- фарњангї дар тамоми давра њамкорї вуљуд дошту дорад. Равоботи тиљоратї низ ба њамин пайваст аст.Дар соле, ки сипарї мешавад, мо дар бахшњои гуногун њамкории хуб доштем ва корњои зиёдеро ба анљом расонидем. Хушбахтона, дар заминаи фарњангї ба муносибати 90-умин солгарди Њайдар Алиев, ки роњбари мардуми Озарбойљон буданд, дар Тољикистон ба ин муносибат 13 барномаи консертї доштем, ки аз тарафи 4 гурўњи дастаи «Муѓом» (Шашмаќом) аз Боку омада буданд. Бори аввал ин гурўњ операи «Лайлї ва Маљнун» -ро дар ин љо иљро карданд. Ин опера дар сањнаи театри Опера ва балети Тољикистон ба сурати муштарак , яъне бо иштироки њунармандони ду кишвар баргузор шуда буд. Дар таърихи 3-5 уми сентябр дар шањри Боку 2-умин љаласаи Комиссияи муштараки њамкорињои иќтисодї-

фарњангї-илмї байни Тољикистону Озарбойљон доир шуда буд. Баъд аз ин ба Тољикистон, ки аз лињози мањсулоти меваљоту сабзавоти болаззат ѓанї мебошад, як гурўњи озарбойљонињо ба ин љо барои сармоягузорї омада буданд ва дар оянда наќша дорем, ки аз меваљот њар гуна шарбатњои лазиз омода кунем. Дар сурати амалї шудани ин барнома, Тољикистон аз ин фоидаи зиёд мебинад. Хушбахтона, имрўз Тољикистон як кишвари таъмин аз амният мебошад. Ин барои сармоягузорон хеле муњим аст. Аввалин шароит барои сармоягузорон амният аст. Имрўзњо дар кўчањои шањри Душанбе ва дигар минтаќањои Тољикистон њар кас метавонад, ки дар дилхоњ ваќт сайру гашт кунад. На дар њамаи шањрњои кишварњои дигар чунин гашту гузор кардан мумкин аст. Ин албатта, муваффаќияти шумост. -Дирўз Илњом Алиев, Президенти Озарбойљон зодрўзи худро ќайд намуд. Ин љашни кист, аз мардум ё танњо элита? - Илњом Алив 24 декабри соли 1961 таваллуд шудааст. Соли 2003 Илњом Алиев дар интихоботи президентї дар Љумњурии Озарбойљон пирўзї ба даст оварда, инак муддати 10 сол мешавад, ки бо муваффаќият фаъолият дорад. Давоми ин солњо дар Љумњурии Озарбойљон ислоњоти куллї сурат гирифта тамоми бахшњои иќтисодї, иљтимої,

сиёсї, фарњангї ва ѓайра рушд кард. Дар ин пешрафт сањми марњум Њайдар Алиев низ калон аст. Он кас соли 2003 аз олам гузаштанд. Тамоми он барномањое, ки марњум барои рушди кишвар тўли солњо кашида буданд, имрўз аз љониби Илњом Алиев пиёда мешавад. Агар буљети Озарбойљонро ба чанд соле ќабл муќоиса кунем, фарќ аз замин то осмон аст. Он замон буљети Озарбойљон 800 миллион доллар буд. Њоло буљети кишвар ба 24 миллиард доллар расидааст. Дар муддати 10 соли роњбарии Илњом Алиев, ба Озарбойљон 150 миллард доллар аз тамоми кишварњои љањон сармоягузорї сурат гирифтааст. - Хориљиён бештар ба кадом соњањо маблаѓгузорї мекунанд? - Ќонунњои амалкунанда дар Озарбойљон барои соњибкорони хориљию дохилї сабукї додааст. Дар муддати 10 соли фаъолияти президент чандин пружањои байналмилалї дар Озарбойљон амалї шуданд. Яке аз онњо хати лўлаи нафт аз Боку-Тифлис ва Љайњун мебошад. Як пружаи байналмилалии дигар, ки њоло дар назар аст, амалї шавад, ин хати роњи оњан тавассути БокуТифлис ва Корс мебошад. Дар ин пружа њудудан 771 миллион доллар харољот мешавад. -Озарбойљон яке аз кишварњоест, ки њанўз пеш аз Инќилоби октябр ба ихрољ ва фурўши нафт сару кор дошт. Имрўз имкони хариди онро Тољикистон низ дорад?

Илњом Алиев, Президенти Озарбойљон -Бале, дар Озарбойљон нафту газ фаровон аст ва фаровардањои нафтиро кишварњои зиёде харидорї мекунанд. Махсусан, барои тавлиди алюминий аз фаровардањои нафтии Озарбойљон зиёд истифода мешавад. Тавре ки медонем, њамлу наќли нафт хеле душвор аст. Барои Озарбойљон бошад, фурўхтани нафту газ мушкилие надорад, аммо сари чї гуна

овардани он бояд фикр кард. Агар бо мошин овардан хоњед, гарон меафтад. Нафту газро танњо тавассути лула интиќол додан мумкин аст. -Чанде ќабл зимни як суњбат Шумо иброз дошта будед, ки дар Тољикистон бо сармояи љониби Озарбойљон як корхонаи нафту газ ба кор шурўъ мекунад ва тавассути он солона зиёда аз 2 миллион тонна нафт истењсол мешавад… -Бале, ин корхона дар љануби Тољикистон ва наздикии сарњади Афѓонистон сохта мешавад. Чунки дар ин љо манбаи нафт мављуд аст. Дар сурати анљом додани корњо ва пайдо кардани нафт Тољикистон сад дар сад бо нафт таъмин шуда, боќимонда ба кишварњои наздимарзї фурўхта хоњад шуд. Азбаски ин масъалаи иќтисодї мебошад ва айни замон ин мавзўъ каме таѓйир ёфта, омўзиши он идома дорад. Њоло дар Тољикистон манобеи нафт кашф шудаааст. Чанде пеш сарвари се кишвар- Тољикистону Афѓонистон ва Туркманистон созишнома дар бораи сохтани роњ байни кишвари худ ба имзо расониданд. Оянда ин барои интиќоли молу мањсулот ва сўзишворї мусоидат мекунад. Суњбати Усмон Рањимзода, «Тољикистон»


љомеа

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Тољикистон 13

Олими 80 солаи тољик

нанотехнологияро мавзўи докторї интихоб кард Дар бораи муаллим Нусратулло Каримов бисёр олимон дар хориљ аз кишвар аз љумла, онњое, ки ба соњаи нанотехнология сару кор доранд, хуб медонанд ва бо ў дар тамосанд. Як иќтибос аз почтаи электронии ин олим моро водор намуд, ки дар бораи фаъолияти илмии ў ва самту тамоюли он тасаввурот њосил намоем. Дар он гуфта шудааст: «Муњтарам Нусратулло Каримович! Ман академик Виктория Самойлова мебошам ва дар бораи корњои илмии Шумо маълумот дорам. Хусусан кори илмиатон бо номи «Озмоиши деталњо оид ба муќобилият ба фарсудашавии ќисмњои такягоњии тухмипошакњо» арзиши бузург дорад. Агар Шумо розї бошед, мо онро дар нашриёти «Ламбер», ки байналмилалї буда, вазифааш ошно намудани аудиторияи калон бо дастовардњои илмии замонавї мебошад, ба чоп расонем…Бо эњтиром Виктория Самойлова, ш. Москва. Фонди байналмилалї» … Профессор Каримов кист, ки нисбати фаъолияти илмии ў академикњои хориљї мароќ зоњир менамоянд?

Нусратулло соли 1934 дар пойтахт ба дунё омадааст. Баччагї ва љавониаш дар солњои мушкили љанг ва солњои баъдиљангї сипарї шудааст. Нусратуллои љавон ва бародарони ў новобаста ба гуруснагию ќањтї танњо майли хондан доштанд ва насињати падарро ба љо меоварданд, ки њамеша мегуфт: «хонед, бачањо хонед, ки оянда дар дасти хондагињост». Пас аз хатми

синфи 7 мактаби № 7-и шањри Сталинобод Нусратулло аввал ба техникуми матоъбарорї ва пас аз он ба соли 1954 ба факултаи физика-ризоиёт дохил шуда, онро соли 1959 хатм мекунад. Комиссияи имтињони давлатї ўро барои кор дар худи донишгоњ тавсия медињад ва пас аз чанде унвони муаллими калонро соњиб мешавад. Раѓбати Нусратуллои љавон ба техни-

ка, хусусан техникаи хољагии ќишлоќ калон буд ва минбаъд ў ба аспирантураи институти илмї тадќиќотии хољагии ќишлоќи Тољикистон дохил шуда, як муддат дар њамин институт фаъолияти илмиашро идома медињад. Дар њамин давра Каримов соњиби кашфиёти аввалини техникї оид ба масолењи конструксионии ба соиш тобовар мегардад. Ин буд, ки бо љамъоварии тадќиќотњои илмии худ ў соли 1973 тањти роњбарии профессор В.В. Березников рисолаи илмии худро дар Молдавия њимоя намуда, соњиби унвони илмии номзадї гардид… …Пас аз ин солњои тўлонї ба омўзгорони оянда дарс мегуфт ва дар вазифањои гуногун фаъолият намуд. Аммо профессор Каримов њамеша дар он аќида буд, ки олим бояд бо замона њамќадам бошад. Бинобар ин, аз њамаи навоварињо ва навгонињои илмї дар арсаи олам огоњ шуда меистод ва онњоро њамарўза дар дарсњои худ истифода мебурд. Ваќте ки калимаи «нанотехнология» роиљ гардид, профессори аллакай солхўрда ба он шавќ зоњир намуд ва пайи тадќиќот сари мавзўъњои вобаста ба ин тамоюли нав гардид. Ин буд, ки натиљаи мењнати худро дар шакли монография

бо номи «Асосњои илмии технологияи њосилкунандаи таркибњои доктори ба соиш тобовари элемент-эбокситї ва рўпўшњои аз зангзанї њимоякунанда» љамъ овард. Новобаста ба номи дурудароз ва мушкили ин кори илмї, маќсади он бо роњи истифодаи нанотехнология њимоя кардани рўпўши деталњо аз вайроншавї аст. Њоло ин тадќиќоти олими 80 солаи тољик њамчун рисолаи докторї дар пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии мошиншиносии Академияи улуми Ќирѓизистон ва донишгоњи миллии техникии ин кишвар аз муњокима гузаштааст. …Профессор Нусратулло Каримов, ки айни замон бо шавќи бештар ба мавзўъњои нав даст задааст, дар давоми умри пурбаракати худ шогирдони зиёде ба воя расонидааст. Ин олими њам дар илму њам дар зиндагї њамеша љавон, ки имрўзњо љашни мавлуд дорад, ният дорад, ки минбаъд фикру зикри шогирдони худро ба омўзиши технологияи нав ва пешќадами дунё љалб кунад. Зеро оянда аз илми нав аст… Э.Кароматуллоев, Профессори Донишгоњи аграрии Тољикистон, А. Њољї, рўзноманигор

Аз БДА 20 сомонї гирифтам ё муноќиша дар назди мењмонхонаи «Пойтахт»

Як рўзи бањорон, баъди оромии борон. Маро лозим омад то «аспи оњанинам»-ро савор шуда, ба вокзали Роњи оњан рањсипор шавам. Ман роњи марказиро интихоб намудам, чунки ниёгонам мегуфтанд, ки кўшиш намоед то ба роњи росту њамвор гардед, гарчанд дур њам бошад. Њамин тавр, бо роњи марказї, яъне хиёбони Рўдакї баромадам. Аввалан шукрона ки бо иќдому ѓамхории шањрдорї роњ доимо тозаву озода аст. Ба эњтироми хиёбони марказї нозирони роњро аксаран аз њайати афсарон мондаанд. Онњо бо ронандагону пиёдагардон муомилаву муоширати хуб мекунанд ва агар љарима њам кунанд, чунон боодобона мекунанд, ки ба пули додаатон дилатон намесўзад. Аммо њастанд нозироне њам, тасодуфан ба ин љо афтодаанд ва… Банда аз кўчаи Айнї гузашта, нав аз «зебра»-и назди мењмонхонаи «Пойтахт» гузаштани будам, ки як нозири БДА мошини маро бо ишораи чўбдасташ нигоњ дошт. Мошинамро нигоњ дошта, тасмаи бехатариро мањкамтар баста дар љоям нишастан гирифтам. Нозир чубдасти хизматиашро маѓрурона

бозї доронда, наздам омад. Ў бо виќор сўям нигоњ карда, њуљљат пурсид. Ман њуљљатњоямро ба ў дароз кардам, ў бошад, «а…бача, намефрої» гуфт. Ман њамоно дар љоям менишастам, то нозир бинад, ки тасмаи бехатариам бастагї аст. Тахмин кардам, ки ин нозир ягон гуноњро иљборан ба сарам бор карданист, то аз ман љарима ситонад. Ў ба ман назар карду гуфт, ки «ба худат камтар рањм кун, тасмаро бисёр «туга» бастї љаримааш њамагї дањ сомон асту халос. Айнан як мазњакаи телевизионї барин. -Фаро аз мошин, багажа њуй кун! Ман гуфтаашро иљро кардам. Ў дид, ки бордон тозаву озода аст, гуфт: -Пушу и ља биё... Ў бо њуљљатњоям сўйи ��ошини худаш, њуљљатњо дар даст рафт. Ман њам ба наздаш рафтам. Прапоршик куртаи сафеди гиребонаш чиркин ва як тугмаи ивазкардааш аз андозаи дигар тугмањо калонтар ва бо риштаи сиёњ духта шуда буд. Њайбаташ аз полковник њам боло буд. Ба ман гуфт: -Таѓа гуноњта медонї? гуфтам, ки не -Тибќи банди панљ ќоидара вайрон кардї, биё як протоколи

100 сомона тартиб дињем, баъд чор тарафат ќибла чї гуфтї таѓа?! Ман аз гуфтањои нозир њељ чизе нафањмидам ва ба ў гуфтам, гуноње, ки ба гардани ман бор карданиед ман розї нестам. Нозир гуфт: -И кори худут розї норозира ма намедонум. «Командир» чї мешавад, ки шумо аз рўйи оиннома аввал салом гуфта, баъдан худатонро муаррифї мекардед. Ба ман њамчун муаллими ронандагон маълум буд, ки ў њаќ нест ва дарњол рафта, аз таги шишаи ќафои мошинам китоби ќоидаи њаракат дар роњро бо чанд дастуру дафтари кориам оварда, пеши нозир гузошта, хоњиш кардам, ки гуноњи ба сарам бор кардаашро ёфта, ба ман нишон дињад. Ў ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд , аз гап монд ва баъдтар китобу дигар њуљљатњоро љамъ карда, ба дастам дод. -Шумо њаматон њамин хел, маълим боше айби мо чї? Ма чор фарзанд дорам, уњора нон додан лозим. Ма и дафтару китоби тра хонда натонум иёра чида пеши ма меёрї? Он замон ман сардори мактаби техникиву варзишии (ДОСААФ)-и ноњияи Сино бу-

дам. Ба прапоршик гуфтам: - Биё ройгон давоми як моњ дар мактаб омўзиш гир, аз ту як нозири намунавї тайёр мекунем. Ў аз гуфтаи ман малул гашта, суханњои худро такрор мекард «мара дига хондан чї лозим, чорта бача дорум, ўњора хўрондану пўшондан даркор. Њаќќи мара бтеву брав бисёр доногї накн!» Дидам, ки гуфтањо ва пешнињодам ба ў заррае асар надорад. - «Командир» гуфтед чор фарзанд дорам њамаашон аз худат њаст ё аз занат њам њаст? - Не-не, ита нест, њамаашон давоми зиндагии якљоя бо занак мебошанд. --Ин тавр бошад, фањмидам ки фарзандњои њалолии худат бошад, чаро «алимент»-ашро аз мардум љамъ мекунї? «Командир» ин дафъа сахт ранљида гуфт: - Не сумта мегируму не итари гапум, бугу маълим. Неки документота наметм, бра, кљое мерай. Дуртар аз мо боз як нозири дигар, ки унвони капитан дошт, муноќишаи моро дида пешамон омад ва маро дида: - Ассалом устод шумо чи хел?

Ман ба шумо диќќат додам ва хаёл кардам, ки шумо шогирдонатонро ёфта, ба ў дастурњои нав медињед, лекин суњбататон хеле тўл кашид. Прапоршик гуфт: -И маълим бисёр наглет кардай, медонї мара чи мега… Капитан ба ў фањмонд, ки бисёре аз кормандон шогирди њамин устоданд. Аз он љумла таѓае ки туро ба кор овардааст. - Хай ма, барои дањ сум худма ќасамшикаста кунум аку. Ман шухиомез ба ў гуфтам, хоњи ки ќасам шикаста нашавї, ба ман як бист сомона бидењ рафта майда карда 10 сомон ба ту дањ сомон худам мегираму њар ки ба роњи худ рафтан гирад. Ўро гўё сењр карда бошанд, як бист сомона бароварда ба дастам ќапонда гуфт: -Устод, маро мебахшед як дуои хайр дињеду ба шумо љавоб. Баъди дуо њуљљатњоямро ба дастам дода, боз узр пурсид. Ман баъди ду моњ «Командир»-ро дар бозори куњнафурўшии Роњи оњан дар арафаи Соли нав машѓули фурўши асбобњои куњнаи рўзгор дидам ва боз ба ў дуои хайр додам. Ин дафъа ройгон!.. Анвари Њољимансур


мавлуднома

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Њар кас худро њаќ мешуморад, - мегўяд Алибой Гулбоев

…Чилу шаш бањор муќаддам дар мањаллаи онњо, ки дар оѓўши кўњњои осмонбўс ва боѓњои сабзу латиф љойгир мебошад ва мардуми шањр, кулли чойхоначињои водї дар њаваси обњои хуштамъи лазизи дараи онњост, воќеаи одї ба амал пайваст: ба тўйи њамсояи онњо мењмонњо омаданд. Табиї, лавњаи љолиб дар пештоќи мошин дар фанери кабуд овезон буд ва чашми толибилми навраси мактаб ба ашъори зерин афтод: Хоњам ба њама роњравон роњи сафед, Хоњам ба њама шомравон субњи умед… -Ин мошин ба муњандисмеханики идораи таъмири роњњо тааллуќ дорад, ба наврасоне, ки гирду атрофи мошинро печонида, бо мароќ онро тамошо менамуданд, фањмонд як шахси калонсол,-агар шумоён мактабро наѓз хонед, бо бањои аъло хатм намоед, ба донишгоњњо ќабул шуда метавонед. Он гоњ бештар мефањмед, ки наќлиёт чист, муњандис-механик чї вазифа дорад. Умуман, шуѓли муњимест он… Алибой Гулбоев, дастпарвари мактаби миёнаи №13-и дењаи Некноти диёри Рўдакї, ки шогирди пешќадами он ба шумор меравад, ин њамаро ба хотир дорад. Агар ба суњбати марди зарифи љањондида, муњандис-механик оид ба истифодабарии автомобилњо нишинед, ба шумо њикоя мекунад, ки чї навъ ба омўхтани асосњои илми физика, механика ва механизми мошин дода шуд ва аз устодони соња кор омўхт. -Мањз орзуи муњандис –механик шудан маро ба Донишгоњи техникии Тољикистон овард,-даврони саодатманди донишљўйї, олами беѓами љавонї, ба шавќу орзу сурат гирифтани тањсил ва замони таљрибаомўзии хешро ба хотир овард. Алибой Гулбоев -соли 1970, ки донишгоњро хатм кард, бо роњхат ба Муассисаи наќлиёти мусофиркашонии Душанбе (ДОПТ) ба кор пардохт. Мутахассиси љавон дар умури техникї-муњандисїмеханики лаёќатманд будани хешро исбот карда тавонист. Чунки дар вазифањои гуногун кор кард, таљриба андўхт ва хидмати хешро содиќона ба љой овард. Наздик чордањ сол дар як муассисаи наќлиётї (яъне ДОПТ) фаъолияти дуруст бурдани Алибой Гулбоев нишон медињад, ки ў ќабл аз њама, мутахассиси ќобилиятманд буда, аз ягон мушкилї њарос надорад.

Тољикистон 15

Таквими 26 декабр

-Валериан Костин (1923), 90- солагии зодрўзи доктори илми тиб, профессор. -Фотима Xалилова (1943), 70- солагии зодрўзи олимаи соњаи тиб.

27 декабр -Иосиф Калонтаров (1933), 80- солагии зодрўзи доктори илми техникї, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон. -Ќосим Саидов (1928-1995), 85- солагии зодрўзи олими соњаи астрофизика. -75- солагии таъсиси (1938) унвони Ќањрамони Мењнати Сот-сиалистї, ки соли 1991 барњам хўрдааст. Дар Тољикистон зиёда аз 401 нафар сазовори ин унвон шудаанд. -Рўзи љањонии наљотдињандагон.

28 декабр -Расул Олимшоев (1948), 65- солагии зодрўзи олими соњаи математика.

Мард бояд, ки њаросон нашавад, Мушкиле нест, ки осон нашавад. Ногуфта намонад, ки соњаи муњимтарини хољагии халќнаќлиёти љумњурї аз соњањои асосии пешрафта ба њисоб мерафт, лекин проблемањои кам надошт. Таъмин намудани њаракати бонизоми дањњо навъи мошинњо, ки дар истењсолот, хољагии халќ, саноат, кишоварзї лозиманд, осон нест. Кору таљрибаи чандинсола моро ба хулосае овард, ки дар сурати тартиби дуруст ва муназзам, дар соњаи истифодаи њама гуна наќлиёт, ба комёбињои бештар ноил шудан имкон дорад, зеро замони мо-давраи тараќќиёти босуръати илму техника ба њисоб меравад. Солњои 1989-1992 давраи таѓйиротњои бузург ва дигаргунињои азими иљтимої, ки тамоми соњањои њаётро фаро гирифтанд, механик-муњандиси пуртаљриба Алибой Гулбоевро лозим омад, ки дар Муассисаи наќлиётии хидмати маишї кору њунари хешро идома дињад. Гуфтан даркор аст, ки хидмат дар љабњаи муњим-умури хидмати маишї махсусияти худро дорад, зеро ањли њунар њамеша пайи такмили касбу пешаи худ машѓуланд ва Алибой Гулбоев чун мутахассиси моњир проблемањои эшонро бо муваффаќият њал намудааст. Бар замми ин, дар њассостарин лањзањо, ки шуѓлу омили неки худро давом додани кормандони Муассисаи наќлиётї лозим омад, ў дастгири ниёзмандон гардид, сари ваќт кори онњоро иљро мекард ва ба таљњизоти

зарурї таъмин менамуд. Сипас, (солњои 1993-2005) ба сабаби зарур будани мутахассиси кордону моњир дар Трести сохтмонии «Монолитстрой» чун сармуњандис фаъолияти босамар бурд. Обрў аз пушти зањмати њалол ёфт. Њар киро аз бањри коре сохтанд, Шавќи ўро дар дилаш андохтанд. Инак, наздик дањ сол мешавад, ки Алибой Гулбоев дар Бонки миллии Тољикистон чун муовини сардори шуъбаи хољагидорї кор мекунад. Марди њунар ва зањматкаши њаќиќї, ки аз душворї нањаросад, дар њама љо, дар кадом вазифае, ки ба вай месупоранд, софдилона хидмат мекунанд. -Њикмати зиндагї ин будааст, ки он чї кардї, њамонро мегирї: яъне некї бузургтарин рисолати одам ба шумор меравад,- дар анљоми суњбат як мисоли дурахшон овард Алибой Гулбоев, ки барои хидмати шоёнаш бо Ифтихорномаи фахрии Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон мукофотонида шудааст,-аз донишманде суол мекунанд: -Дар олам одами асил кам нест. Вале роњи њаќиќат чандто аст? Посух медињад: -Дар олам чї ќадар одам бошад, њамон ќадар њаќиќат њаст. Зеро њар кас худро њаќ мешуморад. Вале роњи асосии зиндагї, њаќиќати кулл яктост: Њалол будан, њалол зистан, нони њалол хўрдан. Мухбирљон Кенљаев, рўзноманигор

-Фозилљон Охунов (1948), 65- солагии зодрўзи генерал-майори адлия. -75- солагии кушодашавии (1938) Филармонияи давлатии Тољикистон (њоло Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи Акашариф Љўраев). -Рўзи љањонии кино.

29 декабр -Партав Бўйдоќов (1923-1990), 90- солагии зодрўзи арбоби фарњангї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. -Фазлиддин Абдурањимов (1928) 85- солагии зодрўзи журналист, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. -Љашни Дайгон-иди хуљастаи ниёгон.

30 декабр -Абдуќањњори Муњаммадалї (1963-1998) 50солагии зодрўзи журналист. -Кришналаъл Xаворї (1868-1957), 145- солагии зодрўзи адабиётшиноси њинду, муњаќќиќи адабиёти форсу тољик.

31 декабр -Бобољон Fафуров (1908-1977), 105- солагии зодрўзи Ќањрамони Тољикистон, академик. -Назар Амирхонов (1933), 80- солагии зодрўзи доктори илми биология, профессор. -Барот Рањматов (1923), 90- солагии зодрўзи доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон. -Рустамбек Юсуфбеков (1923-2006), 90- солагии зодрўзи до��тори илми иќтисод, профессор, узви вобастаи АИ Тољикистон, Ходими шоистаи илми љумњурї. Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: rahimzoda@pressa.tj


таблиѓ

16 Тољикистон

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Мефурўшам Њавлї Бўстонсаро •• 4-њуљрагї, ќабати 4, 9 км., хонаи хиштин, таъмири миёна. Тел: 918-53-19-41, 900-58-14-43

Гуногун •• Таъљилан! Арзон! Ќитъаи замин, тањкурсї, девор, дарвозањо ва шиносномаи техникї, 2 сотих замин, дар маркази шањр, кўч. Красный Партизан, дар паси «Жасмин». Тел: 935-61-6101, 985-61-61-01 •• Мошини Лада 099 Тел: 900 21 17 21, 98 818 17 00, 238 10 04

Хизматрасонї •• Насби антеннаи моњворавї- Андрей. Тел: 918-76-74-08 •• Буридан ва ба тартиб даровардани (кантовка) дарахтон. Тел: 907-81-81-80

Омўзиш •• Маркази омўзишї барои омўзиши забонњои хориљї, компютер, 1С-муњосиб ва дузандагї хоњишмандонро даъват менамояд. Тел: 917-02-77-84

Саломатї •• 4 намуди мањси умумї, урологї, таскинбахш барои тамоми синну сол. Тел :985-43-47-49 •• Маркази тибби халќии “Кимиёи саодат”: њамаи намуди паразитњо, кирмњо ва гиљањо “шлакњо”, дисбактериоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскарида ва ѓ.) суроѓа: н.Рўдакї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пештара), тел: 901-500-760, 919-01-71-73, 917-33-33-55, 918-12-52-12

Эътибор надорад •• Дафтарчаи имтињонотии Сафаров Субњиддин Абдусатторович , ки онро соли 2007 аз тарафи Донишкадаи соњибкорї ва хизмат дода шудааст, аз эътибор соќит дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињоние, ки он ба Саидов Фазлиддинхон Љамшедович, донишљўи курси панљуми факултаи технологии кимиёвї ва металлургияи Донишгоњи техники Тољикистон ба номи Осими дода шудааст, аз эътибор соќит дониста шавад. •• Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замин ба номи Гиёев Сафармад ки соли 2010 №764, дараљаи А №0252530 дар асоси ќарори н. Рўдакї дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замин ба номи Ятимова Савронби дењаи «1-май» љамоати Россия ки соли 2010 №764, дараљаи А№0252529 дар асоси ќарори раиси н. Рўдакї дода шудааст бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи гумшудаи хариду-фурўш ба номи Азизхонова Љамила Бироимбековна, бо суроѓаи кўчаи Сино, хонаи 41, њуљраи 98 бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи оиди хатми курси ронандагї,

эълонњои д е н о в иристед. а ф т е о м м о а б 7 7 Шум 7 7 смс бо раќами и т у с с а в а т о р 8 худ мот 238-78-7 у л ъ а м и о р а б Телефон

ки аз тарафи МА ТЧ ММ-и ш. Душанбе ба номи Табаров Исломиддин Абдуалимович дода шудааст бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи гумшудаи хариду-фурўш №9Д-98, ки дар таърихи 29.01.2001 аз Саридораи нотариалии љумњуриявї оиди суроѓаи кўчаи Айнї, хонаи 77/1, њуљраи 16 ба номи Ањмадов Сураљ Неъматович ба расмият дароварда шуда буд, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи соњибкори инфиродї Гаппаров Зоирљон Тойирљонович, № 0049281, РЯМ 1230014867 бе эътибор дониста шавад. •• Д и п л о м и г у м ш у д а и №947563 ба номи Алиаскери Шойла Фиридун-кызы, ки соли 1977 аз Омўзишгоњи тиббии ш. Душанбе дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи ронандагї бо №233 ба номи Саидов Бањовидин Салимович, ки онро мактаби ронандагии «Файзи Истиќлол» дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи гумшудаи имтињонї ба номи Ќурбонов Фирузљон Саидљалович, ки соли 2011 аз Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи гумшудаи имтињонї ба номи Саидов Њољимурод Тошмуродович, ки соли 2008 аз Донишгоњи техникии Тољикистон дода шудааст бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи гумшудаи имтињонї ба номи Гулов Муњаббат, ки соли 2011 аз Донишгоњи давлатии исломии Тољикистон дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникии гумшудаи хона бо суроѓаи н. Рўдакї, љамоати Россия, хонаи 555, ба номи Сулаймонов Мањмадљон Мамадќулович дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Б и л е т и д о н и ш љ ў й и гумшуда ба номи Њофизов Саидмуњаммад Алихонович, ки онро соли 2013 аз Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Патенти шањрванд Абдукаримов Суњроб Отаниёзович аз 02.2012 РЯМ 0330163112 аз эътибор соќит дониста шавад. •• Шиносномаи гумшудаи

серияи А 3074919 ба номи Садуллоев Хуршед Тиллоевич, ки дар таърихи 26.03.2004 аз ШКД-и њукумати н. Кўлоб дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи РЯМ 0330089898, РМА 010008316 ки онро аз Нозироти андози н. Шоњмансури ш. Душанбе ба Самиев Љамолиддин Сарабекович дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи РЯМ 0331211889, РМА 195314366, ки онро соли 2013 аз Нозироти андози н. Фирдавсии ш. Душанбе ба Табаров Наврузшоњ Музаффарович дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Билети донишљўї ва дафтарчаи имтињонии гумшуда ба номи Назаршоева Наљиба Шанбиевна ки соли 2011 аз Донишгоњи иќтисодии молияи Тољикистон дода шудааст бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињонии гумшуда ба номи Мирзохонов Азим Мирзохонович ки соли 2011 аз донишљўи Донишкадаи энергетикии Тољикистони ш. Ќурѓонтеппа дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи гумшудаи хариду-фурўш ба номи Тољидинова Шодигул Хаитовна, аз 9.11.1995 тањти №6Д-867, бо суроѓаи кўчаи Дењотї 23/20, њуљраи 3 бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињонии гумшуда ба номи Забичоев Њусейн Одинашо, ки онро соли 2011 аз Донишгоњи тарбияи љисмонии Тољикистон дода шудааст, бе эътибор дониста шавад.

Барњам мехўрад •• ЉДММ «Омина 2000», раќами шањодатнома 0256558, РЯМ 0410019656, РМА 040039555 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Рањимов Њасан Ќодирович, ки бо шањодатномаи № 0165382, РЯМ 0130041643, РМА 185286600 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Нигматов Шуњрат Рањматович, ки бо шањодатномаи №

Зодрўз муборак! Дар айёми зиндагї мардони далер ва саховатпешаро зиёд пайдо кардан мумкин аст. Аз зумраи чунин инсонњо Љумаев Мурод Холович, сардори Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон буда, ў тамоми хислатњои неки инсониро дорост. Љасуру чашми кордон ва саховатпешаву оќилу дурандеш аст. Инсонњое њастанд, ки баробари як зина боло рафтанашон дар мансаб, худро гум карда, такаббур мешаванд. Аммо Мурод Холович аз ин хислат орї аст ва барои пешрафти кор пайваста кўшиш менамояд, ки дуои неки пиронро гирад. Талош бањри пешрафту шукуфоии Ватан шиори рўзгори ўст. Дар ин рўзњо ин марди фозил зодрўз дорад ва барояш зиндагии ободу фаъолияти босамар таманно дорем. Бо эњтиром, бародарат Њикматулло ва ањли оилаи Раљабовњо. 0197083, РЯМ 0230030240, РМА 045946647 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Сафаров Розиќљон Рустамович, ки бо шањодатномаи № 0006922, РЯМ 0430139270 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Амонов Манучењр Рањматуллоевич, РМА 045260946 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Љ Д М М « А в а з - 2 0 1 3 » , воќеъ дар н. Фирдавсї, раќами шањодатномаи 0264388, РЯМ 0310014229, РМА 030025113 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• ЉДММ «Исломиддини Ѓанї», воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатнома 0257467, РЯМ 0410022186, РМА 0130025757 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Љ Д М М « О р и ё н - 8 5 » , воќеъ дар н.Фирдавсї, раќами шањодатномаи 0264340, РЯМ 0310013743, РМА 185214397 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Латипов Умедљон Њасанович, ки бо шањодатномаи № 0026962, РЯМ 0530006840, РМА 055155733 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ

менамояд. •• Соњибкори инфиродї Њасанов Суњроб Њакимович, РЯМ 0430025200, РМА 225032302 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Ишматов Ќодир Ќањорович, ки бо шањодатномаи № 0079155, РЯМ 0130021788, РМА 015309085 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Аюбова Гулрухсор Мањмадрасуловна ки бо шањодатномаи № 016236, РМА 015290176, РЯМ 0130020175 аз сабаби гум шуданаш фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Маликов Алишер Мирзоназарович, №0015031, РЯМ 0930003883, РМА 095115335, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Чориев Абдуќундуз Абдуљалолович, № 0199540, РЯМ 0430100532, РМА 045516608 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Охунов Нозир Нозимљонович, № 0001954, РЯМ 0430001404, РМА 0452289975 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Таъминот» раќами шањодатнома 005600, РЯМ 1610003304, РМА 160006298 фаъолияташро ќатъ менамояд, барои маълумоти иловагї ба маъмурияти ширкат мурољиат намоед. •• Сохибкори инфироди Мирзоев Додарчон ИНН 030015205 фаъолияташро катъ мекунад.


пешгўї

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Тољикистон 17

Толеъномаи сол АСАД

њамал

Дар соли асп Њамалњо бояд ѓами саломатияшонро хўранд, худро хаста накарда истироњатро фаромўш насозед. Дар соњаи касбї шояд ягон душворї пайдо шавад, вале зиндагї бе мушкилї намешавад. Соли 2014 барои њамалњои сиёсатмадор, олимон ва санъаткор бобарор меояд. Нимаи дуюми сол орзуњои Њамалњо љомаи амал мепўшад. Аз миёнаи тобистон сар карда, Њамалњоро айёми сермањсул дар пеш аст, њар кореро оѓоз намоед натиљаи хуб медињад. Дар соли Асп Њамал ба худ эътимод пайдо карда, дар маърази диќќат ќарор мегиранд. Дар соли нав хеле серкор шуда малбаѓи хуб њам ба даст меоранд. Дар баробари даромади хуб сарфи маблаѓ њам зиёд мегардад, вале аз ин заррае ѓамгин намешавед. Пулсарфкунї аз чизњои майда чўйда сар карда то љињози хона давом мекунад. Дар соли нав Њамалњо танњо намемонанд. Њамалњои муљаррад љуфти худро меёбанду њамалњои оиладор зиёд шудани ќувваи муњаббаташонро эњсос мекунанд.

Cавр

Барои Саврњо соли 2014 таќдирсоз меояд. Ѓами саломатиятонро хўрда натиљаашро мебинед. Дар соли Асп бояд танњо ба пеш кўшиш намуда, корњои дастнорасро мавриди фатњ ќарор дињед. Барои ин тамоми имконияту маблаѓро пайдо месозед, танњо ба худ бовар кунед. Моњњои аввал бо сабаби дилпур набуданатон андаке душворињо пеш меоянд. Саврњо ќурбони ноустувории худ мешаванд. Нимаи аввали сол пур аз рўйдоду ташвиш меояд. Бо маќсади ба њама кор муваффаќ гаштан чанд корро якбора оѓоз намуда, дар натиља ними корњоятон нобасомон мемонад. Аз моњи сентябр сар карда муваффаќият худаш ба дастатон меояд. Охири сол тамоми мушкилоте, ки ваќту ќувваи зиёдро талаб менамуд, худ ба худ њал мешавад. Ба худ эътимод кунед, он гоњ ба маќсад мерасед. Вазъи иќтисодии Саврњо рў ба бењбудї меорад. Аксари саврњо серпул мешаванд ва ба ѓайр аз маош даромади иловагї пайдо мекунанд.

Љавзо

Аз моњњои аввали сол саломатии Љавзоњо рў ба бењбудї меорад. Фаъолияти касбї якрангу якмаром оѓоз ёфта, вазъият мунтазам таѓйир меёбад. Моњњои май- июн Љавзоњо мушкилоти моњњои январу феврал сарзадаро фаромўш мекунанд. Дар фасли тобистон истироњати бофароѓат намуда, фасли тирамоњ имкони пешравї дар мансаб аст. Вазъи молии Љавзоњо ваќте рў ба бењбудї меорад, ки сарчашмаи онро интизор нестанд. Хуб мебуд, ки дар масъалањои пулї Љавзоњо њушёриро аз даст надињанд. Соли 2014 ваќти муносибест барои мустањкам кардани мавќеъ дар љамъият, баланд бардоштани даромад, шиносоињои даркорї пайдо намудану ба дили љинси муќобил роњ ёфтан. Хусусан нимаи аввали сол Худованд мададгори шумо мегардад. Чун ќоида Љавзоњо дар танњої амал мекунанд, вале соли 2014 водорашон месозад, ки дар атрофи худ њамаќидањоро љамъ намоянд.

саратон

Вазъи саломатии Саратонњоро дар соли 2014 олї номидан номумкин аст. Мушкилоти саломатиро ба шарте рафъ карда метавонед, ки бештар дар њавои тоза гаштугузор намуда, дар ваќташ хобида, мунтазам витамин истеъмол кунед. Дар соли нав њаёти Саратонњо гуногунранг мегардад. Њар њодисае рух дод, ба фоидаи Саратонњост. Нимаи аввали сол вазъи иќтисодии Саратонњо орому босубот меояд. Ба буљаи оилавї даромади хеле хуб ворид мегардад. Нимаи дуюми сол ноорому ѓайриодї мегардад. Айёми амалисозии лоињањои нав ва таѓйиротњои зиндагист. Соли 2014 њаёти шахсии Саратонњо аз худашон вобастагї дорад. Мурѓи бахтро аз даст надињед. Соли 2014 муваффаќият аз худи саратонњо вобаста аст, ба умеди касе нашуда ба ќувваи худ умед бандед. Барои саратонњои якрав, ки ба маќсади худ равонаанд, тамоми имкониятњои мусоид фароњам меоянд. Саратон ба наздикони худ ваќти бештар људо карда њолати равонияшро барќарор намуда корњояшро ба тартиб меорад.

Асадњо ба соли Асп бо саломатии хуб ворид гардида, аллакай аз моњњои аввал бепарвої зоњир намоянд њам бардам мемонанд. Ягона чизе ки Асадњоро нороњат месозад – асабоният, хастагї, бехобї ё баръакс хоболудї аст. Соли Асп барои Асадњо мусоид меояд, хусусан барои олимон, мансабдорон ва эљодкорон. Тамоми намояндагони ин бурљ дар соњаи касбї ќаноатмандї эњсос мекунад. Шарти ягонаи ба муваффаќият ноил шудан мењнатдўстї ва софдилона мењнат кардан аст. Аз љињати иќтисодї соли 2014 барои Аспњо соли душвор меояд. Њар бори ба мушкилињо дучор омадан касеро гунањкор накарда истињола намоед. Агар сабру тањаммулро пеша намоед, мушкилї худаш рафъ мегардад. Аз ин лињоз вазифаи аввалиндараљаи Асадњо дар соли нав дурандешиву оќилї аст. Моњњои аввали сол маблаѓатонро љамъ кунед, моњи май-июн бо њамкорон муносибатро вайрон насозед, моњњои октябр- декабр кору лоињањоеро оѓоз намоед, ки муваффаќият меоварда бошанд. Асадњои оиладор дар соли 2014 наздикони худро бо мењру муњаббат фаро гирифта, бо фаросату дурандешї ба ваљд меоранд.

СУНБУЛА

Агар Сунбулањо барои пешгирї намудани беморињо ба ѓизову хоби худ бодиќќат бошанду аз одатњои бад худдорї намоянд, тамоми мушкилињои саломатияшонро рафъ месозанд. Корњои тахассусї дар соли нав бенињоят бомуваффаќият анљом ёфта, Сунбулањо дар њама кор комёб мегарданд. Њатто ивазкунии љойи кор ё фаъолияти касбї бе ягон душворї ба шумо даст медињад. Хусусан моњи апрел ва нимаи аввали моњи май барои Сунбулањо бобарор меояд. Охири моњи май ва аввали моњи июн дар њаёти сунбулањо воќеањои хиотирмоне рух медињанд, ки боиси пешрафти корњо на танњо дар нимаи дуюми соли 2014, балки дар соли 2015 низ мегарданд. Соли асп барои сунбулањо навигарињои зиёд меорад. Моњњои аввал муќаррарї мегузаранду дар фасли бањор хабари ногањоние мешунавед, ки боиси бењбудии вазъи иќтисодии шумо мегардад. Тамоми тобистон табъатон болида мегардад. Аксари Сунбулањои танњо дар соли нави љуфти худро пайдо месозанд. Сунбулањои оиладорро хушбахтї дар пеш аст.

МИЗОН

Аввали сол аз Мизонњо фаъол буданро таќозо мекунад. Аз моњи май то август ба кори узвњои њозима бодиќќат бошед, барои пешгирї намудани беморї ба мутахассиси хуб мурољиат кунед. Соли Асп барои Мизонњо мушкил эљод намекунад. Хусусан агар Мизонњо моњи январ машѓули кор бошанду моњи феврал сермањсул, моњи марту апрел ботамкину мењнаткаш њељ гоњ хор намешаванд ва соли 2014 боиси болоравї дар мансаб мегардад. Соли 2014 барои Мизонњо аз љињати иќтисодї муътадил меояд. Њарчанд даромади пулї наёбанд њам, сари ваќт маошу мукофотпулї мегиред.Мизонњои муљаррад дар фикри зангирї мешаванду дар оилаи аксари мизонњо тавлиди фарзанд дар назар аст. Дар соли нав бењтараш дар њаёти шахсї ба таѓйиротњои куллї роњ надињед, ба шарте муваффаќ мегардед, ки оромона аз пайи корњои худ шавед. Бо вуљуди ин, зиндагии Мизонњо пур аз рўйдод мегардад. Дар соли нав ваќти зиќшавї намеёбед.

Аќраб

Аќрабњо дар соли 2014 бояд њаёти фаъол пеш бурда ѓами саломатии худро хўранд. Дар соли нав аз ќувваи худ зиёд уњдадорињоро ба дўш нагиред. Баъзе Аќрабњо фаъолияти худро дигар мекунанд. Аќрабњо аз њаёт чї хостанашонро аниќ медонанд ва дар ин љода ба маслињат ниёз надоранд. Чор моњи аввали соли нав Аќрабњо бояд мењнатдўст бошанд. Зуд-зуд дар љойи кор нишаста, дар хона низ кор мекунед, вале аз ин ѓамгин нашавед, чунки натиљаи зањматњоятон бо мукофот пулї ќадрдонї карда мешавад. Моњи май- сентябр воќеањое рух медињанд, ки њаёти аќрабњоро нисбатан бењтар месозанд. Аз моњи октябр сар карда зиндагї ба як мароми муайян медарояд, аллакай нек омадани фардоятон муайян мегардад. Аќрабњо соли 2014 барои бењбудии хонавода кўшиши зиёд мекунанд. Моњњои январ ва март–апрел дар њаёти оилавии шумо андаке мушкилот пайдо шуданаш мумкин.

ќавс

Аввали соли нав Ќавсњо худро бардаму баќувват њис мекунанд. Бештар дар њавои тоза гаштугузор намуда, витамину дигар ѓизоњои фоидабахшро истеъмол кунед. Сол барои Ќавсњо бобарор оѓоз меёбад. Дар љойи кор ягон воќеаи ѓайриодї рух намедињад. Агар нисбати њамкорон аз њад зиёд зудбовару содадил набошед, аз мушкилоти хурдтарин њам эмин мемонед. Дар бањорон ќариб њамаи Ќавсњо имкони соњиби вазифа шуданро пайдо мекунанд. Дар ин љода сустї накарда, бо њар роњ ташаббускорї, поквиљдонї ва масъулиятшиносии худро нишон дињед. Тобистон якмаром сипарї гашта дар тирамоњ пули зиёд ба даст меоред. Дар соли Асп Ќавсњо танбалї намекунанд. Мањз бо шарофати њалолкориву мењнатдўстияшон даромадашон меафзояд. Њатто дасисањои раќибону бадхоњон барои Ќавсњо монеа намегардад. Буљаи Ќавсњо зуд-зуд аз њисоби мукофотпуливу маоши иловагї пур мегардад. Соли 2014 барои ќавсњо воќеаву рўйдодњои гуногун меорад. Ќавсњои танњоро соли хотирмоне дар пеш аст. Бењтар мебуд, ки Ќавсњои оиладор нисбати занњояшон гумону шубњаро аз дил дур кунанд.

љаддї

Дар соли Асп саломатии Љаддї имкон медињад, ки аз уњдаи кори дилхоњ бароянд. Танњо нафарони гирифтори беморињои эндокринї ва узвњои њозима бояд аз пайи саломатии худ бошанд. Љаддињо ашхоси мењнатдўстанд, аз ин лињоз Љадии солимтарин худро хаста мегардонад. Аз ин лињоз, мувофиќи реља хобу дар њавои тоза сайругашт кардан лозим аст. Пешравї дар мансаб бо вазъи иљтимоии Љаддињо вобастагї дорад. Солро бояд бо эњтиёт оѓоз намоед. Бурдборї њамсафари Љаддињо мегардад ва бо осонї натиљањои мусбї ба даст меоранд. Љињати иќтисодии њаёти Љаддињо соли 2014 боиси дилмондагї намегардад. Њатто лоињањое, ки амалишаванда менамуданд, амалї мешаванд. Моњњои феврал, аввали тобистон ва миёнаи тирамоњ бобарор меояд ва имкони даромади иловагї пайдо мешавад. Моњњои январу феврал Љаддињои муљаррад ошиќи нав пайдо мекунанду моњњои апрелу март оташи рашки Љаддињои оиладор аланга мегирад.

давл

Њар ќадаре коратон зиёд набошад њам, саломатии худро дар мадди аввал гузоред. Барои он Далвњое, ки њисси масъулиятшиносї доранд, соли бад нест. Барои Далвњое, ки кор маънии зиндагї нест, соли Аспро якмаром пешвоз мегиранд. Далвњо дар соњањои тањлилї ва техникаву технология кор кардан мехоњанд. Хуб мебуд, ки дар соли Асп он Далвњое, ки аз касбу кори худ ќаноатманд нестанд, фаъолияти худро иваз намоянд. Иваз кардани љойи кор ё соњаи тахассусї боиси афзудани даромад ва бењбудии сатњи зиндагї мегардад. Ба њар коре, ки Далви даќиќкор даст занад, онро аз тањти дил ва бе ѓалат иљро мекунад. Дар с��ли 2014 Далвњо дар муњаббат бобарор мешаванд. Аз љониби љинси муќобил мавриди таваљуњ ќарор мегиред. Далвњои оиладор бояд нисбати њамсафари њаётиашон мењрубон бошанд.

њут

Дар соли 2014 Њутњо бояд бенињоят фаъол бошанд. Аз рўзњои аввали сол пура ба кор ѓутта мезананд. Кори дилхоњро ба таъхир намегузоранд. Сипас, љидду љањдашон андаке кам шуда аввали тобистон бо ќувваи дучанд хурўљ мекунад. Мањз дар њамин ваќт кўшиши аксарияти Њутњо ќадрдонї карда шуда, соњиби вазифаи нави на танњо сердаромад, балки аљибтаре мегарданд. Дар соли Асп Њутњо миллионер нашаванд њам, дўстону сарпарастоне пайдо мешаванд, ки дар њалли мушкилоти иќтисодї кўмакашон мерасонад. Дар соли нав њатман аз кўмаки чунин ашхоси хайрхоњ истифода бурданатон лозим. Хуб мебуд, ки дар соли нав Њутњо худро бо уњдадорињои зиёдатї побанд насозанд. Аз мењрубониву дилкушодии Њутњо баъзан наздикон њам сўйистифода мекунанд. Барои он ки Њутњо дар соли 2014 тамоми ќувваи худро сарф карда тавонанд, ба њар кори майда чўйда диќќат надињед. Соли нав бароятон имкониятњои хуберо пеш меорад, ягона чизеки аз шумо талаб карда мешавад, барои ба маќсад расидан боисрор бошед.


варзиш

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

Тољикистон 21

Тољикистон дар рейтинги FIFA Дастаи мунтахаби Тољикистон оид ба футбол дар рейтинги Федератсияи байналхалќии ассотсиатсияњои футбол (FIFA) соли 2013-ро дар зинаи 114-ум ба охир расонд.

«Равшан» Љоми AFCро дар Ќурѓонтеппа мегузаронад Клуби «Равшан»-и шањр Кўлоб, ки соли оянда дар Љоми AFC бозї хоњад кард, варзишгоњи «Пахтакор»-и шањри Ќурѓонтеппаро чун майдони хонагии худ пешнињод кардааст. «Равшан» ќарор аст, ки бозии даври плей-оффро бо дастаи «Ал-Ярмук Ал-Равда»-и Яман рўзи 2-юми феврал дар Ќурѓонтеппа баргузор кунад. Рўзњои наздик бояд назоратчиёни Конфедератсияи футболи Осиё ба Тољикистон оянд ва варзишгоњи «Пахтакор»-ро аз назар гузаронанд, то маълум шавад, ки ин майдон ба талаботи баргузории плей-оффи Љоми AFC љавобгў буда метавонад. Агар назоратчиён варзишгоњи «Пахтакор»-ро маъќул кунанд, пас «Равшан» рўзии 2-юми феврал дар ин майдон бозї хоњад кард. Ѓолиби ин бозї дар даври гурўњии Љоми AFC-2014 дар гурўњи «А» бо дастањои «Сувайк» ё «Сахам» (њарду аз Умон), «Зат

Рас» (Урдун) ва «Сафо» (Лубнон) ќувва месанљад. Бино ба иттилои сухангўи клуби шањри Кўлоб Љовидон Бобоев бояд дирўз њайати асосии дастаи «Равшан» аз рухсатї баргашта бошад. Даста ба Љоми AFC-2014 омодагї мебинад. Даври якум ва дуюми омодагиро даста дар шањри Кўлоб мегузаронад, баргузор шудани даври сеюм дар кишвари Туркия дар назар гирифта шудааст. Њамчунин, дар назар аст, ки дар байнимавсим «Равшан» сафњои худро бо чанд бозигар пур хоњад кард. Дар рўйхати даста номи бозигарон Илњом Баротов аз «Истаравшан», њуљумкунандаи ганагии «Энергетик» Патрик Адо, форварди клуби «Регар-ТадАЗ» ва дастаи мунтахаби Тољикистон Ањтам Њамроќулов њаст. Даста то рўзи 2-юми январ метавонад, ки њайати асосии бозигаронашро барои бозї бо дастаи ямании «Ал-Ярмук Ал-Равда» пешнињод кунад.

Бозигари «Истиќлол» ба «Иртиш» мегузарад Муњофизатгари клуби «Истиќлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тољикистон оид ба футбол Ањтам Назаров барои азназаргузаронї ба клуби «Иртиш»-и Павлодар (Ќазоќистон) даъват шудааст. Дар ин бора ба сайти расмии клуби душанбегї агенти футболбоз Александр Франк хабар додааст. Муњофзатгари тољик барои гузаштан аз санљиши даста ба Туркия, ки «Иртиш» омодагиашро мегузаронад, даъват шудааст. Сайти «Истиќлол» хабар медињад, ки роњбарияти даста хоњиши футболбозро барои санљидани

ќувваш дар чемпионати нисбатан пурќувват ба инобат гирифта, розї аст, ки Назаров ба хориља равад. Дар назар аст, ки Ањтам Назаров 3-юми январ ба Туркия меравад ва аз 7-ум январ ба њайати омодашавандаи дастаи «Иртиш» њамроњ мешавад. Назаров аввали њамин сол ба клуби «Истиќлол» гузашта буд.

19-уми декабр рейтинги охирини дастањои мунтахаби љањон оид ба футбол аз љониби FIFA дар ин сол ба нашр расид. Дастаи мунтахаби Тољикистон баъди нашри рейтинги ноябрии FIFA ягон вохўрї нагузаронидааст, бо вуљуди ин дар рейтинг ду зина боло рафта, соли 2013-умро дар мавќеи 114-ум ба анљом расонд. Дастаи мунтахаби Тољикистон дар њисоби худ чун пештара 286 хол дорад. Дастањои Љумњурии Доминикан, Малавї ва Латвия дар ин рейтинг аз дастаи кишвари мо поён њастанд, дар зинањои болої Бањрайн, Канада ва Гватемала љойгиранд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тољикистон дар соли 2013 шаш вохўрї гузаронд, ки аз ин 3 бозї дар доираи вохўрињои интихобии Љоми даъвати AFC2014 (Покистон – 1:0, Макао – 3:0 ва Ќиргизистон – 0:1) буд ва

3 бозии дигар рафиќона ба њисоб мерафт (Афѓонистон – 3:2, Њиндустон – 3:0 ва Ќирѓизистон – 4:1). Тољикистон дар байни дастањои узви Конфедратсияи футболи Осиё чун пештара дар зинаи 15-ум аст. Дар байни дастањои собиќ Шўравї Тољикистон дар љойи 11-ум аст, ки аз дастањои Латвия, Ќазоќистон, Туркманистон ва Ќирѓизистон дар пеш аст. Аз дастањои ИДМ дастаи Украина дар ин рейтинг натиљаи хубтар дорад – зинаи 18-ум бо 907 хол. Дастаи Русия бо 870 хол љойи 22-юро соњиб шудааст. Дар ин рейтинг зинањои аввал таќрибан чун пештара дар дасти азимдастањо ќарор дорад. Испания, ки чемпиони чањон ва Аврупо аст, чун пештара дар зинаи якум аст. Ду зинаи баъдиро Германия ва Аргентина соњиб шудаанд. Дастаи Колумбия дар зинаи чорум аст. Итолёвињо, ки чор маротиба чемпиони љањон шудаанд, дар зинаи 7-ум љой гирифтаанд. Бразилия, ки серунвонтарин дастаи љањон аст ва тобистони оянда бояд чемпионати љањонро ќабул кунад,

дар љойи 10-ум аст. Рейтинги аввалини FIFA дар соли 2014 16-уми январ нашр хоњад шуд. Рейтинги FIFA (аз 19-уми декабр): 1 (1). Испания – 1507. 2 (2). Германия – 1318. 3 (3). Аргентина – 1251. 4 (4). Колумбия – 1200. 5 (5). Португалия – 1172. 6 (6). Уругвай – 1132. 7 (7). Италия – 1120. 8 (8). Швейсария – 1113. 9 (9). Голландия – 1106. 10 (10). Бразилия – 1102… 18 (18). Украина – 907… 22 (22). Русия – 870... 35 (34). Арманистон – 716... 68 (68). Ўзбекистон – 526... 81 (82). Белорус – 431… 94 (95). Озорбойљон – 363. 94 (96). Эстония – 363... 96 (97). Молдова – 359... 101 (101). Гурљистон – 330. 102 (102). Литва – 326... 114 (116). Тољикистон – 286... 116 (119). Латвия – 272.. 128 (132). Ќазоќистон – 216... 135 (137). Туркманистон – 195… 147 (146). Ќирѓизистон – 155…

Биринљии Мавзуна Чориева ва тиллои Анвар Юнусов Боксчињои маъруфи тољик Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов дар Љоми љањон оид ба бокс миёни кишварњои тавлидкунандаи нафт соњиби медалњои мусобиќа гардиданд. Ин мусобиќа дар шањри Хантї-Мансийски Русия баргузор шуд ва варзишгарон аз кишварњои «ѓайринафтие» чун Тољикистон, Ќирѓизистон, Муѓулистон, Чехия низ даъват шуда буданд. Боксчизани торљик Мавзуна Чориева нахуст бар Анастасия Белякова (Русия) ѓалаба кард, вале дар ќувваозмоии дуюмаш аз Юля Теплякова (Украина) шикаст хўрд ва љойи сеюмро гирифта бо медали биринљї сарфароз гашт. Мураббии боксчї Мирзо аз бањогузории доварони ин мусобиќа изњори норозигї карда гуфтааст: “Мавзуна Чориева дар сабќат бо боксчии украинї низ шикаст нахўрд, аммо доварон аз рўи адолат бањогузорї накарданд. Ин бохти Мавзуна нест. Ба њар сурат ин варзиш аст ва баъзан чунин мешавад”. Ин нахустин ќувваозмоии Мавзуна Чориева баъди бозгашташ ба майдон пас аз оиладорию таваллуди кўдак мебошад. Мавзуна Чориева дар олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012

медали биринљї ба даст овард, ки ягона медали Тољикистон дар ин бозињо буд. Ў баъд аз оиладорию таваллуди кўдак азм дорад, барои олимпиадаи оянда тайёрии љиддї бинад ва номи Тољикистонро баланд бардорад. Варзишгари дигари тољик Анвар Юнусов дар ин мусобиќа бар њамаи раќибонаш ѓолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай баъди се ѓалаба - бар Норовбал Отгонтумур (Муѓулистон), Алексей Климтсев (Ханти-Мансийск) ва Акзол Сулаймонбек Уулу (Ќирѓизистон), дар финал Руслан Комиловро Аз Русия шикаст дод. Дар ин мусобиќа 120 боксчї аз 14 кишвар ширкат доштанд. Дар њисоби умумї дастаи мунтахаби минтаќаи худмухтори Хан-

ти-Мансийск маќоми аввалро касб кард ва бо Љоми љањон мукофотонида шуд. Ба њайати дастаи мунтахаби Тољикистон чор мард – Шањриёр Ањмадов (52 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Фурќатљони Одилхон (64 кг), Мирљамол Ѓиёсов (81кг) ва ду зан - Мавзуна Чориева (60 кг) ва Гулфина Урунова (64 кг) шомил буданд. Намоядагони дигари кишвар мо дар даври аввали ин мусобиќа аз раќибонашон шикаст хўрданд. Дар назар аст, ки соли 2014 боксчиёни тољик дар Бозињои осиёї, ки моњи октябр дар Кореяи Љанубї баргузор мешаванд, иштирок кунанд. Инчунин, соли оянда боксчизанони тољик дар Чемпионати љањон ва Осиё ширкат хоњанд кард.

Масъули сањифа Шўњрат Давлатшоев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: shuhrat@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


канзи шифо

22 Тољикистон Безурёт кардани занон дар ўзбекистон идома доштааст Хабарнигори ББС барои Осиёи Миёна Наталия Антелава дар гузорише, ки бо ҳимояти Бунёди љомеаи боз» мустақар дар Амрико таҳия кардааст, мегӯяд, ки кормандони бахши тандурустӣ дар Узбакистон таҳти фишори ҳукумат барои мубориза бо афзоиши аҳолӣ, амалиёти иљбории бенасл кардани занонро анљом медиҳанд. Хонум Анталева ҳини ироаи ин гузориш дар Вошингтон гуфтааст, ҳама заноне, ки ду ё бештар фарзанд ба дунё меоваранд, ба таври иљборӣ безурёт карда мешаванд. Вай пеш аз ин ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфта буд, ки «маъракаи ҳукумат дар заминаи безурёт кардани занон ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар сар��сари Узбакистон анљом мешавад. Аз ин хотир, ин кор дар як минтақаи муайян сурат нагирифта, балки ин раванд дар ҳама бемористонҳо ва марказҳои беҳдоштии ин кишвар иҷро мешавад ва дар панљ соли ахир ҳељ нишонае аз коҳиши он мушоҳида нашудааст. Хонум Антелава афзудааст, ки дар бисёре аз маворид он идда аз занон дар Узбакистон безурёт сохта мешаванд, ки аз вазъияти бади иқтисодӣ ва иљтимоӣ бархӯрдоранд ва мутааллиқи ақаллиятҳо мебошанд. Аммо мақомоти беҳдоштии Узбакистон ҳамвора иттиҳоми безурёткунии иљбориро рад намуда, исрор меварзанд, ки занон бо хоҳиши худ бенасл карда мешаванд, то саломатии худи онҳову фарзандонашон ҳифз гардад. Аммо ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон, ин барномаро ҳукумат тасдиқ кардаву занони оилаҳои камбизоат, ки ду ва ё бештар аз он фарзанд ба дунё овардаанд, шомили он мегарданд. Мансабдорони беҳдоштии Узбакистон таъкид мекунанд, ки ин иттиҳом асосе надорад, вале баъзе табибони узбак эътироф карда буданд, ки онҳо усули назорати мизони таваллудро ташвиқ менамоянд. Онҳо аз љумла љо доштани hysterectomy, яъне берун овардани бачадони занонро, ки гӯё бо хоҳиши ҳамон занон гузаронида мешавад, тасдиқ мекунанд. Бо ишора ба вазъи ногувори иљтимоиву иқтисодии баъзе оилаҳо ин табибон мегӯянд, барои онҳо «ҳамли иловагӣ» лозим нест. Hysterectomy - амалиёти љарроҳист, ки дар рафти он бахше аз бачадони зан бартараф карда мешавад ва ӯ дигар ҳељ гоҳ соҳиби фарзанд шуда наметавонад.

Бронхит

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013

бемории вирусї аст

Аз аввали зимистон сар карда то охири моњи март шумораи одамони гирифтори бронхит нисбатан меафзояд. Писари ман низ њар сол аз ин беморї азият мекашад. Аз бронхит чї тавр худро бояд њифз намуд? Гуландом Сафарова, н.Вањдат Бронхитро аксарият инфексияи бактериявї мешуморанд. Дар асл чунин нест. Бактерияњои касалиовар танњо рўзњои дуюму сеюми беморї нойчањои шушро фаро мегираду ба сарчашмаи асосии беморї, ки вируси зуком аст, љўр мегардад. Мањз аз њамин хотир пешгирии бронхит пешгирии бемории зуком ва беморињои шадиди роњи нафасро мемонад. Дар фасли сармо, ки вирусњо фаъоланд, кўшиш намоед дар љойњои серодам камтар ќарор бигиред. Агар ин имконнопазир бошад, масалан шумо бо наќлиёти љамъиятї мерафта бошед, аз ниќоби махсуси тиббї истифода баред. Вале фаромўш накунед, ки ќувваи муњофизатии он њамагї 2 соат давом мекунад, баъдан онро иваз кардан лозим аст. Масунияти баданро баланд бардоред. Дар ављи фаъолнокии вирусњо витаминњоеро истеъмол намоед, ки бештар

дорои љавњари аскорбин бошанд. Агар аз мевањои ситрусї аллергия надошта бошед, ин љавњарро аз таркиби онњо ва настаран пайдо карда метавонед. Умуман ѓизоятон бояд серкалория ва дорои сафеда бошад. Гигиенаи шахсиро риоя намоед. Вирусњо дар таркиби ашёњо дергоњ боќї мемонанд, аз берун омада дастонатонро бо собун шуед. Агар рўзи дароз аз хона берун ќарор дошта бошед, бо худ салфеткањои намдор гардонед. Баъди рафтан аз љойњои серодам биниятонро бо оби шўр шўеду гулўятонро чайќонед. Њар рўз њавои хонаро тоза карда, бо латтаи тар фаршро

тоза кунед. Њавои хона набояд зиёд хушк бошад. Бо ин маќсад дар чанд љойи хона сачоќчаи тарро овезед. Машќи бадан хеле муњим аст, он кори роњњои нафасро бењтар месозад. Агар шумо бронхити кўњна дошта бошед, ба пешгирї намудани беморї диќќати хоса дињед ва бо пайдо шудани аввалин нишонаи беморї ба табиб мурољиат кунед. Зимнан, ин ба нафарони солиме, ки ба сулфазанї медароянд, дахл дорад. Мутаассифона аксари беморон ба љойи ба табиб мурољиат кардан бо худтабобаткунї машѓул мешаван-

ду дар рўзи аввали беморї истеъмоли антибиотикњоро сар мекунанд. Ин кори нодуруст аст, зеро бронхитро асосан вирус сабаб мегардад ва антибиотик ба он таъсир намерасонад. Баъдан ба вирус инфексияи бактериявї зам гардида, бо антибиотик табобат кардан лозим меояд ва барои онњое, ки барваќт антибиотик истеъмол кардаанд, табобат душвор мегардад. Чанд гурўњи доруворињои антибактериявї вуљуд дорад, ки њангоми беморињои роњњои нафас истеъмол карда мешавад. Табиб доруро вобаста ба омилњои гуногун интихоб менамояд, ки мариз аз он бехабар аст. Дар натиља дорувории харидаи бемор кўмак накарда билохира мариз назди табиб меравад. Акнун табиб наметавонад дорувории аз њамон гурўњро тавсия намояд. Таъсирнокии ин дору кам мешавад. Дар натиља табобат тўл кашида, беморї шакли кўњнаро мегирад. Рафту бемор чандин антибиотикњоро истифода бурда бошад, боз табобат душвортар мегардад. Аз ин лињоз дарњол ба табиб мурољиат кунед. Рафту рўзи аввали пайдошавии сулфа табибро дастрас накунед, дорувории зиддивирусї истеъмол намоед. Ин доруворињо барои пешгирии бронхит муфид аст.

Остеопороз бемории занона аст?

Ваќтњои охир дар бораи бемории остеопороз зиёд мешунавам. Мегўянд, ки бештар занон гирифтори ин беморї мегарданд. Остеопороз чї гуна беморист, оё пешгирї карданаш имконпазир аст? Мењрубон, ш.Душанбе Њар ќадаре синну соли мо боло равад, њамон андоза устухонњоямон бељон мешавад. Сабаби бељоншавии устухонњо бемории остеопороз аст, ки дар дањсолаи охир яке аз иллати пањншуда ба шумор меравад. Њар як зани сеюм ва њар марди аз 50- сола боло аз бемории остеопороз азият мекашад. Аз сабаби он ки устухони занњо хурдтар аст ва бо шарофати кори њормонњо, бонувон аз ин иллат камтар азият

мекашанд. Тавре омор нишон медињад, дар 30-40 фисади бонувон баъди ба анљом расидани давраи њайз ин беморї пайдо мешаваду дар нафарони аз 75- сола боло дар 70 фисади њолатњо ба мушоњида мерасад. Беморї ноайён пайдо мешавад, аз ин лињоз табибон онро «ќотили хаппак» меноманд. Бофтаи устухонњо бо мурури замон тунук шуда, устухонњо нозук мешаванд. То андозае, ки њангоми афтидану бардоштани бори вазнин ва њатто њангоми атсазанї устухонњо мешикананд. Аксаран бар асари остеопороз устухони китфу сутунмуњра ва аз њама љарроњати љиддї – шикастани рони миён (шейка бедра) одамон маъюб мегарданд. Барои пешгирии ин беморї дар тамоми синну сол бояд ба организм калсий ворид гардид. Талаботнокии

ин минерал дар њар инсон гуногун аст. Хусусан барои кўдакон, ки љисмашон дар давраи обутобёбї ќарор дорад, 90 фисад истеъмоли калсий муњим аст, бофтањои устухони инсон то 18 солагї ташаккул меёбад. То 35-40 солагї њар ќадаре бофтаи устухонњо фарсуда гардад, љояшро бофтаи нав мегирад. Баъдан љараёни фарсудашавии бофтаи устухонњо фаро мерасад, ки суръаташ аз синну сол ва љинс вобастагї дорад. Ба мардњо осонтар аст, онњо дар як сол 0,3-0,5 фисади маводи устухонњояшонро дар як сол аз даст медињанд, занњо бошанд дар як сол 0,7-1,3 фоиз то давраи ќатъшавии давраи њайз ва 2-3 дарсадро баъди ќатъшавии давраи њайз. Хушбахтона остеопороз бемориест, ки имрўз бо он мубориза бурдан имконпазир аст.

Омилњое вуљуд доранд, ки аз даврони кўдакї ба афзоиши устухонњо мусоидат менамоянд. Ѓизои кўдакон бояд аз мањсулоти ширии аз калсий ва сафеда бой бошанд. Каме бањра бурдан аз нурњои офтоб витамини D-ро дар пўст ба эътидол меорад. Миќдори зиёди калсий дар таркиби панир, моњии бањрї, сабзиљот ва мева, кабудї, чормаѓз, шир мављуд аст. Дар сурати бардоштани љароњат ва бемории остеопороз истеъмоли калсий ва витамини D кифоя нест. Истеъмоли доруворињое њатмист, ки фарсудашавии устухонро боздошта тавонанд. Тавре тањќиќотњо нишон медињанд, ин доруворињо то 70 фоиз хатари шикастани устухонњоро кам мекунад. Вале онро танњо бо тавсияи табиб истеъмол бояд кард.

Масъули сањифа Нодира Раљабова. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: nodira@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


24 Тољикистон

таќвим

№ 52 (1043) 26 декабри соли 2013


Точикистон №52