Issuu on Google+

президент ба фармони авф имзо гузошт

с. 2

“невидимка” 46 миллиони њукумовро мељўяд?

с.5

садои тир дар хоруѓ, ду куштаву чанд захмї

с. 2

№ 21 (1063) 22.05.14 (Оѓози нашр: марти 1992)

Њуљум ба Бадахшон оромгоњи Носири Хисрав дар тасарруфи Толибон

Дар ин шумора:

Оќил Оќилов

ба «Тољикистон» омад

с. 3

Таѓйироти кадрї

кї, чї вазифа гирифт?

с. 3

Русия Тољикистонро аз даст медињад?

с. 4-5

ѓанї ё Абдулло

кї президент мешавад?

с. 6

КАС хўронда наметавонад, чї бояд кард?

с. 7

Минбари бањс андешањо перомуни куфру имон

с. 12-13

Канзи шифо Араќи зиёд мекунам сабаби он дар чист?

с. 22

Варзиш

с.5

«Парвоз» аз «Истиќлол» ќафо монданї нест

с. 23


2 Тољикистон

њафтае, ки гузашт

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

.tj a s s e r p . w w w з Хабарњо а Њайати мушовара: Шарифи Њамдампур, раиси Шўрои мушовара Абдумуддасир Ањмадзода, муњаррир Акбари Турсун, узви вобастаи АУ Љумњурии Тољикистон Иззатбек Идизода, мудири бахши њуќуќ, фарњанг ва адабиёт Масъуди Миршоњї, раиси анљумани «Рўдакї», Фаронса Мањмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Мењмон Бахтї, раиси Иттињодияи нависандагони Тољикистон Нуриддин Саидов , Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Нуриддин Ќаюмов, Академики АУ Љумњурии Тољикистон Рашид Ѓанї Абдулло тањлилгари умури сиёсї Усмон Ниёзов, мудири бахши иќтисод ва иљтимоиёт Шералї Яњёев, муовини муњаррир Умед Султонов, сањифабанд Мањина Давлатова, мусањњењ Муассис:

Њайати кормандони њафтанома Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти №0054/РЗ ба ќайд гирифта шуда, дар матбааи «Мега-print» ба чоп расидааст. Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намекунанд. Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта танњо бо пардохт нашр мешаванд. Масъулияти маводњои хусусияти таблиѓотидоштаро идора ба дўш надорад. Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќтибосњо аз «Тољикистон» иљозати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист. Њуќуќи муаллифии њамаи матолиби шумора ба идораи њафтаномаи «Тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории ЉТ ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Робита: Шуъбаи реклама: 601-35-95 tayron@oila.tj Шуъбаи эълон: 238-78-78 Телефони идора: 238-54-51 tojikiston-1992@mail.ru tojikiston@pressa.tj Дафтари хабаргузорї дар Суѓд: Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 15 6-75-23,92- 730-06-50 Шуъбаи фурўш: 918-63-31-63, 221-41-11

«Оксус» ва «Њаймањдї»-ро барњам доданд Бонки милии Тољикистон ду ташкилоти ќарзиро бинобар ба муддати тулонї фаъолият накардан бозхонд. Дафтари матбуоти Бонки милии Тољкистон хабар медињад, ки раёсати Бонки миллї бо ќарори худ бинобар сабаби ба муњлати тўлонї фаъолият накардану зиёновар будан шањодатномањои Фонди ќарзии хурди “Оксус” ва “Њаймањмадї”-ро бозхонд кард. Бунёди ќарзии «Оксус» дафтараш дар Душанбе буда, дар чанде аз ноњияњои Тољикистон намояндагињои худро дорад ва “Њаймањмадї”воќеъ дар ноњияи Файзобод њисоботи молиявии худро беш аз 6 моњ пешнињод накарданд. Бонки милии Тољикистон тибќи ќонуни «Ташкилотњои маблаѓгузории хурд» дар бораи пурра барњам додани ин ду созмони

ќарзии хурд ба Суди иќтисодии Тољикистон ариза пешинњод кардааст. Њамчунин, ба гуфтаи масъулони бонки марказї шањодатномањои фондњои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онњо аз фењристи ташкилотњои маблаѓгузории хурд хориљ карда шудааст. Бонки миллї мегўяд, ки аснод љињати барњам додани ин ду созмони молиявї ба додгоњ ироа шудааст. Тавре дар Ќонуни Тољикистон дар бораи «Ташкилотњои маблаѓгузории хурд» дар моддаи 16 зикр шудааст, агар дар давоми 12 моњ аз рўзи гирифтани иљозатнома созмони маблаѓгузории хурд ба фаъолият шуруъ накунад ё баъди шуруъ кардан ба фаъолият беш аз 6 моњ худсарона фаъолияташро боздорад, шањодатномаи он пас гирифта шуда, барњам дода мешавад.

Президент ба фармони авф имзо гузошт Ќурбонгулї Бердимуњаммадов, президенти Туркманистон дар љаласаи њукумати кишвараш зери фармони авфи мањбусон имзо гузошт. Дафтари матбуотии прези-

денти Туркманистон хабар медињад, ки ин фармон ба хотири Рўзи ягонагї ва ашъори Махтумќулї содир шуда, «њадафи он тањкими ягонагї ва муттањидии њар оилаи туркман аст».

Муњољиртифлони тољикро аз Русия оварданд Консулгарии Тољикистон дар шањри Маскав се кўдаки навзодро ба Ватани падариашон баргардонд. Онњо фарзандони муњољирони тољик буда, баъди таваллуд дар таваллудхонањои шањри Маскав волидонашон партофта рафтаанд. Онњо Оксана Давлатшоеваи шашмоња, Умар Исматуллоеви яксола ва Мањина Мирзойирова мебошанд. Гуфта мешавад, ки овардани ин кўдакон ба Ватан дар натиљаи музокироти тўлонї миёни кун-

сулгарии Сафорати Тољикистон ва маќомоти марбутаи Русия имконпазир шудааст. То ин муддат ин кўдакон дар хонаи кўдакони шањри Маскав умр ба сар мебурданд. Тибќи иттилои идораи муњољирати Русия, дар њоли њозир њудуди як миллиону 183 њазор нафар аз муњољирони кории Тољикистон дар Русия кору фаъъолият мекунанд. Аз ин миён, беш аз 960 њазор мард, зиёда аз 170 њазор зан ва њудуди 130 њазор афроди то 17 сол њастанд.

Тирпаронї дар Хоруѓ Дар натиљаи тирпаронии рўзи 21 майи соли љорї дар маркази шањри Хоруѓи Бадахшон се нафар љароњат бардошта, аммо ду тани онњо бо номи Собиру Мунаввар дар бемористон љон додаанд. Дар ин бора сокинони мањаллї иттилоъ дода, гуфтаанд, ки айни њол вазъияти Фарайдун -маљруњи дигар бад арзёбї мешавад. Аммо Би-би-сї бо такя ба манобеи худ гуфтааст, дар ин тирпаронї се нафар кушта ва њафт тан захмї шудаанд. То њол маќомоти расмии Тољикистон ин њодисаро шарњ надодаанд. Вале Гулоб Мама-

даёзов, навбатдори Раёсати корњои дохилии Бадахшон, дар суњбат бо хабарнигорон ин њодисаро танњо як нофањмї донист ва гуфт, «њоло вазъият ором аст». Мусоњиб, инчунин, оташ задани бинои Раёсати корњои дохилии шањри Хоруѓ аз љониби сокинонро рад карда, дар мавриди њалокати яке аз маљруњон гуфт, ки «њанўз даќиќ нест». Бар асоси хабарњои расида, гўё афсарони ОМОН мехостаанд, љавононеро, ки барои узвият дар гурўњњои ба гуфтаи онњо мафиозї шомиланд, боздошт намоянд, ки бо тирпаронї анљом ёфтааст.

Оќил Оќилов, собиќ сарвазири љт

БДА: Насимов ба Душанбею Турахонов ба Хатлон рафт Полковник Сирољиддин Турахонов аз вазифаи сардори Бозрасии давлатии автомобилии шањри Душанбе барканор шуда, сардори БДА-и вилояти Хатлон таъйин гардид. Тавре аз Раёсати корњои дохилии Душанбе ба мо иттилоъ доданд, Турахонов дар ин симмат полковник Акбар Насимовро иваз кард. Акбар

Насимов аз сардори БДА-и Хатлон барканор гардида, акнун курсии сардори БДА-и Душанберо соњиб шуд. Генерал Сайид Љурахонов, сардори Раёсати шањри Душанбе зимни таъйиди ин хабар гуфт, ин таѓйирот дар доираи љойвазкунии навбатии кадрњо дар маќомоти дохилї сурат гирифт, чун Турахонов 5 сол боз роњбарии БДА-и Душанберо ба уњда дошт.

Раиси њизб аз муњољират баргашт Бобољон Исломов, Роњбари созмони Њизби сотсиалисти Тољикистон дар минтаќаи Кўлоб пас аз як соли муњољират ба Ватан баргашт. Ў зимни ёдоварї аз он рўзњо гуфт, ки замоне шикасти роњбари њизбаш дар интихоботро дар муњољират шунид, чандон ѓамгин нашуд. Зеро даќиќан њамон рўзи 7-уми ноябри соли 2013, ки натиљањои интихоботи Тољикистон ва пирўзии Эмомалї Рањмон дар ин маърака эълон шуд, њамроњ бо ду писа-

раш дар сохтмоне дар Русия кори хубе пайдо карда буд. Њоло рањбари созмони њизби сотсиалистї дар минтаќаи Кўлоб мегўяд, пас аз як соли муњољират зиндагиаш бењбуд ёфтааст. Њизби состсиалист ба мисли аксари ањзоби дигар дар минтаќаи Кўлоб, албатта, ба љуз њизби њокими халќии демократї, дафтари корї надорад. Аммо Исломов мегўяд, бо маблаѓе, ки аз муњољират овардааст, манзили зисташро таъмир хоњад кард ва корњои њизбиашро дар њамон љо ба роњ хоњад монд.


10 Тољикистон

љашнвора

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Нахуст ќумандони ќўшунњои сарњадї

Санаи 18 декабри соли 1992 бо ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар назди Кумитаи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон бригадаи таъйиноти махсус ташкил карда шуд ва он аз 4 гурўњи зудамал иборат буд ва дар чањор ноњияи вилояти навтаъсиси Хатлон, Шањритус, Ќумсангир, Фархор ва Шўрообод фаъолият менамуданд.

Маќсади асосии бригадаи таъйиони махсус аз барќарор намудани сохти конститутсионї, амнияти сар то сарї, аз байн бурдани ихтилофњои сиёсї ва пойдор намудани тинљиву оромии доимї ва мустањкам намудани марзу буми кишвар иборат буд. Нахустин роњбари он полковник, айни њол генераллейтенант Сафаралї Сайфуллоев таъйин шуда буд. Аз лањзањои аввалини фаъолияти хизматї Сафаралї Сай-

фуллоев донишу мањорат ва малакаи хешро бањри дар амал татбиќ намудани амру ќарорњои ба тасвиб расонидани ќарори Шўрои Олї ва Кумитаи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон рањнамун месохт ва пайваста ба харљ медод, ки хизматчиёни бригада аз уњдаи вазифањои ба дўш доштаи хеш сарбаландона баромада тавонанд. Сафаралї Сайфуллоев ба норасогињою мушкилињои пешомада сабру тањаммул наму-

зисту зиндагии бригада ва таъмини лавозимоти њарбию љангї ба сохторњои навбунёд ва ќудратманди ондавра мурољиат ва роњу масоили корро дарёфта, њаллу фасл менамуд. Сафаралї Сайфуллоев њамеша бо тамкин ва чун сипари боэътимоди Ватан рафтор мекард, ки ин рафтору гуфтораш сафи љавононро дар ин соња пурра мегардонид. Марз ба ростї њамон давра ором набуд, њар соату даќиќа ё шаб ва ё рўз душманони беруна

кушодани Маркази таълимї љидду љањд намуд. Талошњои варзидааш баръабас нарафтанд. Соли 1993 дар собиќ ноњияи Москва, њозира ноњияи Њамадонї Маркази таълимии «Чорбоѓ» ташкил карда шуд. Дар ин љо аввалин сарбозон савганди њарбї ёд намуда, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар арафаи љашни бошукуњи 20-солагии таъсисёбии ќушунњои сарњадї ба ин ро-

да, њарчи бештар мехост, ки зердастонаш мафњуми марзи давлатї ва њимоя намудани амнияту оромии кишварашро сарфањм рафта, дар њолати омодабошии љангї ќарор дошта бошанд. Њамарўза пайи

мехостанд, бо њар бањонае вориди Тољикистон шаванд. Ин боис гардид, ки сарбозону афсарон ба омўзиш фаро гирифта шаванд. Бо ин маќсад генерал-лейтенант Сафаралї Сайфуллоев барои

дмард, генерали тољик Сафаралї Сайфуллоев саломатї, хушбахтї ва тамоми хушињои зиндагиро орзу менамоем. Абдусаттори Гулањмад, полковник

Саидшоњ Шамолов:

Мо ба фардои дурахшон бовар доштем

Дар арафаи љашни 20-умин солгарди Ќўшунњои сарњадї бо собиќ командири ќисми њарбии 2610, мустаќар дар ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлон генерал–майор Саидшоњ Шамолов вохўрда, суњбате доштем, ки њоло мухтасаран онро пешнињод мекунем.

-Чун дар остонаи 20–солагии нируњои сарњадї ќарор дорем, андешањоятонро нисбати солњои аввали коратон, ки он ваќт њамчун роњбари яке аз минтаќањои вазнини сарњадоти кишвар масъулият доштед, иброз менамудед… –Пеш аз он ки мо сањифањои гузаштаро аз рўзгори афсарону сарбозон ва умуман марзбонони кишвар ёдовар шавем, аввалан мехостам, ки тамоми сарбозону афсарони сарњад ва дар симои онњо тамоми љавонону мардуми Ватани азизамонро ба муносибати ин санаи таърихї, ки ба осонї ба даст намомадааст, табрику муборакбод намуда, ба онњо пеш

МАЪЛУМОТНОМА:

Саидшоњ Шамолов 10 марти соли 1965 дар ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, Омўзишгоњи олии касбии техникии шањри Горкии Федератсияи Русия ва соли 1990 Донишгоњи аграрии Тољикистонро хатм карда, баъдан факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии кишварро ба итмом расонидааст. Соли 2002 Академияи олии сарњадии хадамоти бехатарии федералии Федератсияи Русияро хатм намуда, дар Ќўшунњои сарњадї дар вазифањои гуногун фаъолият кардааст. Бо ордени «Дўстї», ордени «Спитамен» дараљаи 1 ва соли 1997 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба рутбаи генерал -майор шарафёб гардидааст. Як муддат дар Чин ба њайси намояндаи њарбии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон фаъолият дошт. Ду навбат намояндаи мардумї дар Маљлиси Олии интихоб шудааст. Саидшоњ Шамолов соњиби чор фарзанд, ду писару ду духтар мебошад. аз њама саломатї, хушбахтї ва тамоми хушињои рўзѓор таманно намоям. Љавонмардони далеру шуљои Ватан, ки марзу буми кишварро шабонарўзї чун гавњараки чашм њифз менамоянд, кайњост, ки сазовори эњтироми халќи азизамон гардидаанд. Њисси миллию ватандўстї ва ватанпарастї дўст доштани мардуми шарифамон моро водор менамояд, ки синасипари ин миллату давлат

бошем. -Он замон чї тавр сарњадбонони аввалинро ба сохтори навташкил љалб менамудед? -Ёдам меояд, ки замоне љавонони ѓаюру мењанпарасти мо дар як љойи холї, бе тайёрии ќаблї, вале бо мењру садоќат шомили Неруњои марзї шуда буданд ва бо масъулияти баланд либоси сањроии њарбиро ба бар намуда, мардонавор ба њифзу њимояи Ва-

тан бархостанд. Дар пањлўи мо чун сипари боэътимоди Ватан давра ба давра камол ёфта, ба сўйи пеш бо як боварии махсус гом мезаданд, ки дар ин роњи пуршебу фароз ва пур аз хатар ќисмате љони худро бохтанд. Ёдашон ба хайр, руњашон шод бод. Дар он давра на њар кас барои ба бар намудани либоси низомї дилу гурда дошт. Зеро вазъ ноором ва ояндаи миллату давлат ноаён ва дар хатар буд. Ба касе маълум набуд, ки фардо чї мешавад ва моро чї интизор аст? Амниятро касе ё сохторе кафолат дода наметавонист. Мардуми љангзада аз зиндагї дилмонда шуда буданд. Вале бо вуљуди ин дар дилњо як шуъла ба ояндаи нек барќ мезад. Бузургон дар њаќиќат дуруст фармудаанд. Навмед набояд шудан аз гардиши айём. Њар шом, ки ояд зи пайи он сањаре њаст . Бахт ба рўйи мардуми љангзадаи мо хандид. Хандаи мењрофару мењрбор, дар саросари кишвар танинандоз шуд. Сухани пурмуњтавои Сар-

фармондењи Олии Ќуввањои Мусаллањи кишвар, Љаноби Олї гернерали артиш, Эмомалї Рањмон гуфта буд: «Волотарин меёри ватандорию ватандўстї расидан ба ќадри Ватан-миллат ва давлати соњибистиќлол - ба љо овардани хизмати Ватан ба њифзи марзу буми он аст» . -Барои шумо, ки собиќадори Ќушунњои сарњадї њастед, аз њама лањзаи хотирмонтарини хизмат кадом буд? -Ин санаи фархундаи 23 феврали соли 1993 буд, ки дар он рўз дар майдони Дўстии шањри Душанбе - бо панљ гурўњи омоданамудаи низомии хеш аввалин маротиба дар низоми асосии парадї-њарбї бо тантана гузаштем. Ин лањзањоро фаромўш нахоњам кард. Он замон дар ќалби њамаи мо њиссиёти бузурги ватандорї саршор гардид ва ба дилњо мењр ва ба дидањо нур бахшид. Ба мардум руњў илњом ва аз ояндаи дурахшон Тољикистон мужда расонид. Њољї Гулмањмад


ошкоро

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Сояи Русия дар болои Тољикистон?

Тољикистон

Таѓйироти кадрї

дипломатњои тољик иваз шуданд

Хазинаи байналмилалии асъор пешгўйї мекунад, ки коњиш ёфтани иќтисодиёти Русия ба Тољикистону Ќирѓизистон низ таъсири манфї мерасонад. Тањлилгарони ХБА дар гузориши нави худ, “Дурнамои рушди иќтисоди минтаќавї” аз хатар ба кишварњои Осиёи Марказї ва минтаќаи Ќафќоз њушдор дода, сабаби аслии ин хатарро рушд наёфтани иќтисодиёти Русия арзёбї кардаанд: «Дар ин муддат эњтимол интиќоли маблаѓ аз Русия ба Тољикистон ва Ќирѓизистону Арманистон коњиш ёфта, сармоягузории барномањо дар Тољикистон низ коста гардад». Бино бар пешгўйии коршиносони байналмилалї рушди воќеии ММД дар Тољикистон дар соли љорї то 6,2 дарсад ва дар соли 2015 метавонад то 5,7 %фоиз коњиш ёбад. Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тољикистон дар соли 2014 -5,4 фоиз ва дар соли 2015 метавонад -5,9 дарсадро ташкил дињад. Моњи октябри соли сипаришуда, ХБА рушди воќеии ММД дар Тољикистонро њудуди 6,7 дарсад пешгўйї карда буд. Коршиносони ин нињоди байналмилалї пешгўйї мекунанд, ки соли 2014 мизони таваррум дар Тољикистон ба 7,5 дарсад баробар мешавад.

ВКД сармуњосиби “Умед 88” –ро мељўяд Вазорати корњои дохилии Тољикистон Амирбек Сўфиев, собиќ сармуњосиби ширкати “Умед 88”-ро, мавриди бозљўйї ќарор додааст.

Рањмон Озодаи Эмомалї

Имомиддин Сатторов

Ашраф Гулов

Њафтаи гузашта ѓайричашмдошт дар низоми дипломатияи тољик як ќатор таѓйироти кадрї сурат гирифт. Аз љумла, Ашраф Гулов консули генералии Тољикистон дар Русия таъйин шуд.

дар Русия гуфтааст, ки алакай Ашраф Гулов њамчун сардори Хадамоти консулии сафорати Тољикистон дар Русия корро оѓоз кардааст. Хабари дигари расида дар робита ба таѓйироти Хусрав Нозирї, ки пештар дар маќоми роњбари департаменти Осиё ва Африќо дар Вазорати корњои хориљии Тољикистон кор мекард, ба љойи Нарзулло Назаров сафири Душанбе дар Миср таъйин шудааст. Рањмон Озода Эмомалї бошад, муовини аввали вазири корњои хориљї таъйин шудааст. Ў ќаблан дар вазифаи муовини вазири корњои хориљии Тољикистон кор мекард. Парвиз Додов дар маќоми муовини вазири умури хориљии Тољикистон љойгузини Рањмон Озода Эмомалї шудааст. Њамзамон, Фарњод Салим сафири Тољикистон дар Иёлоти Муттањидаи Амрико таъйин шуд. Фарњод Салим дипломати

њирфаї буда, дар гузашта њамчун иљрокунандаи вазифаи сафири Тољикистон дар Амрико фаъолият мекард. Номбурда писари Абдулмаљид Достиев, сафири пешини Тољикистон дар Русия аст. Дар њамин њол, Абдумаљид Достиев, сафири Тољикистон дар Русия аз маќомаш барканор шудааст. Достиев аз моњи апрели соли 2007 ин тараф њамчун сафири Тољикистон дар Русия кор мекард. Имомиддин Сатторов, ки дар маќоми сафири Тољикистон дар Олмон кор мекард, љойгузини Абдулмаљид Достиев шудааст. Сатторов аз моњи майи соли 1995 ин љониб дар ин сафорат ба вазифањои атташе, котиби аввал кор карда, аз моњи июни соли 2007 сафирТољикистон дар Олмон буд. Тавре ки расонањо иттилоъ медињанд, Маликшоњ Неъматов, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии Тољикистон сафири Тољиистон дар Олмон таъйин шудааст.

Ў писари собиќ вазири энергетика Шералї Гул мебошад, ки ќаблан ба њайси раиси бахши аудити дохилии Кумитаи андози Тољикистон фаъолият дошт. Бояд гуфт, ки Ашраф Гулов дар маќоми консули генералии Тољикистон дар Русия Садбарг Ѓаниеваро иваз кард. Садбарг Ѓаниева духтари нависандаи њаљвнигор Бурњон Ѓанї буда, муддати 5 соли охир дар ин маќом кор мекард. Садбарг Ѓаниева, ки 28 сол собиќаи кории дипломатї дошта, барои идомаи фаъолият ба дафтари марказии вазорати хориљаи Тољикистон ба Душанбе бармегардад. Муњаммади Эгамзод, сухангўйи Сафорати Тољикистон

Оќил Оќилов:

Дар иттилоияи ВКД омадааст, ки Сўфиев бо ташаббуси раёсати корњои дохилии Душанбе барои аз худ кардани амволи ѓайр ба миќдори махсусан калон дар љустуљў мебошад. Эълони бозљўйии Амирбек Сўфиев дар торнамои ВКД, баъд аз шикояти ў аз болои роњбарияти “Умед 88” ба Президенти Тољикистон нашр гардид. Ќаблан, сармуњосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурўши сўзишворї дар ќаламрави Тољикистон машѓул аст, бо ирсоли мурољиатнома ба Эмомалї Рањмон арз дошта буд, ки аз сўйи рањбарияти ин ширкат тањти фишору таъќиб ќарор дошта, алайњи ў иттињомоти зиёде равона карда шудааст. Ба гуфтаи Сўфиев, роњбари ширкати “Умед-88” гўё ўро дар азхудкунии маблаѓи њаљмаш нињоят калон муттањам намуда, аз болои ў ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Сўфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоњанд ўро бо иттињоми бофта паси панљара андозанд. Њарчанд њоло дар хориљ аз кишвар умр ба сар мебарад, вале гўё ба љони худу пайвандони дар Ватан боќї мондааш, эњсоси хатар дорад.

Мењмонхонаи «Тољикистон»

Дар њама кор муросо мебояд

Њафтаи сипаришуда собиќ Сарвазири Љумњурии Тољикистон Оќил Ѓайбуллоевич Оќилов ба идораи њафтаномаи «Тољикистон» ташриф оварда, бо ањли эљодии он суњбати зиёда аз дусоата дошт. Бояд зикр намуд, ки Оќил Оќилов то ин ваќт ба ягон нашрия мусоњиба анљом надодааст ва ин аввалин суњбати ў бо намояндагони ахбори омма аст. Журналистони «Тољикистон», сомонаи интернетии pressa.tj., њафтаномаи «Оила» ва «Рекламная газета» дар рафти ин вохўрї, ки ба таври суњбат сурат гирифт, бо андешањои собиќ сарвазир дар мавриди корњое, ки ў дар давоми ќариб 14 соли фаъолияташ анљом дод, ошно гардиданд ва њамчунин, доир ба вазъи имрўзаи иќтисодиёти кишвар назари ўро фањмиданд. Тавре ки Оќил Оќилов гуфт, он кас дар муддати тўлоние, ки сарвазири

3

Тољикистон буданд, боре њам ба рухсатии мењнатї набаромадаанд. Рўзноманигорон дар мавриди он мушкилињое, ки дар ин муддат Тољикистони нав ба истиќлолият расидаро домангир буданд, мароќ зоњир намуданд. Оќилов оид ба аксари онњо ва сабабу паёмади ин мушкилињо хеле ботафсил сухан гуфт. «Мушкилии асосии имрўзаю дирўзаи мо, ин воба-

стагии кишвар аз омилњои беруна аст», таъкид намуд собиќ сарвазир. Ба гуфти ў, солњои ќаблї, ваќте ки кишвари мо бо њамсояи худ-Ўзбекистон дар соњаи расонидани захирањои энергетикї њамкорї дошт, мушкилот камтар буд ва њамаи масъалањои вобаста ба дастрас намудани захирањои энергетикї бо роњи гуфтушунид, бо назардошти манфиатњои њарду

љониб њаллу фасл мегардиданд. «Мутаассифона, њамсояи мо минбаъд роњи дигарро пеш гирифт ва ин роњ- роњи созанда нест. Баромадани Тољикистон аз шабакаи ягонаи барќї, роњбандињо ва надодани гази табиї ва ѓайра хоњ нохоњ ба иќтисодиёти кишвар таъсири худро гузошт, ки ин ба манфиати њарду тараф нест. Вале кишвари мо, ки дар ин љо фарорасии гуруснагию ќашшоќиро пешгўйї мекарданд, аз ин вартањо наљот ёфт ва њоло рушд карда истодааст», таъкид кард Оќилов. Ба гуфти собиќ сарвазир, Тољикистон тавонист бо сохтани роњу дарёфти роњи њалли мушкилоти дигар кишварро пешрав гардонад. Ў солњоеро ба ёд овард, ки дар буљаи кишвар ягон дирам маблаѓ набуд ва минбаъд тањти роњбарии Президенти Тољикистон аз ин мушкилот рањо гардида, роњњои минбаъдаи пешрафти худро пайдо намуд. Оќил Окилов аз њамко-

рињои Тољикистон бо њамсоякишварњои дигар, аз љумла Ќазоќистон њарф зада, ба ёд овард: «Ваќте ки Тољикистон њанўз дар њалќаи ягонаи энергетикї буд, Ќазоќистон аз кишвари мо 10 миллион доллар аз њисоби барќ ќарздор буд. Аммо дар он љо ташкилотњое, ки ин барќро истифода бурда буданд, аз байн рафта буданд. Ваќте ки ман бо сарвазири ин кишвар дар тамос шуда, масъаларо фањмондам, мо якљоя роњи њалли онро ёфтем ва ќазоќњо ба ивази ин ќарз сўзишворї ва ѓалладона доданд». Ба гуфти ў, њамаи мушкилињоро метавон бо роњи гуфтушунид њал кард. Оќилов дар хотимаи суњбати худ ба ањли ќалами нашрияњо дар кору эљодашон барор хоста, иброз намуд, ки њоло дар истироњат ќарор дорад ва новобаста ба синну соли худ кўшиш мекунад, ки аз њолати љомеа ва кишвар њамеша бохабар бошад. «Тољикистон»


4

чењра

Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Исроил Шамир:

Русия набояд Тољикистонро аз даст дињад

парњезї дохил шудааст. Алњол Тољикистон аз њисороти љангњои шањрвандї наљот ёфтааст ва русњои тољикистоние, ки солњои 90-ум фирор карда буданд, баргашта омада истодаанд. Ман онњоро дар фароѓатгоњи Хоља Обигарм, осоишгоњи «Бањористон»-и соњили обанбори Ќайроќум ва кўчаву хиёбонњо дучор омадам. Собиќ духтури душанбегї, феълан москвагї Алиса орзу дорад, ки дар Тољикистон сохтмони истироњатгоњу тафрењгоњњоро ба роњ монад. «Одатан ман дар рўзњои сарди зимистон барои истироњати думоња ба Њиндустон сафар мекунам. Алњол ман баъди ин мусофират мехоњам дар моњњои октябр ва ноябр, ваќте ки Москва серборон мешавад, ба Тољикистон сафар намоям. Дар он љо иљораи хона арзон аст, мевањояш аљоиб, њамеша офтоб нур мепошад ва боз як афзалияташ он аст, ки њамагон ба забони русї њарф зада метавонанд. Аз ин љо дур бошї њам, корат пеш меравад-телефону интернет ба дараљаи олї кор мекунанд».

Њафтае ќабл нависанда, журналист ва сиёсатшиноси намоёни рус Исроил Шамир мењмони њафтаномаи «Тољикистон» буд. Ў бо кормандони нашрия дар мавриди вазъи љањони имрўза, муборизаи абарќудратњо барои таќсимоти нави љањон, мушкилоти кишварњои хурд ва раванди ифротгарої дар љањон суњбате дошт.

боќї мондаанд. Барои онњо русњо чї хеле ки дўст буданд, њамон хел мондаанд. Тољикон ба Русия содиќанд, њарчанд њамсарњад нестанд. Онњо фарзандони худро ба мактабњои русї равон мекунанд. Шумораи онњо хеле зиёданд. Дар Душанбе берун аз марзи Русия базаи њарбии бузургтарин пиёдагарди рус љойгир аст. Ба ќарибї иљораи он боз 49 сол тамдид карда шуд.

Њатто окрошка аз байн нарафтааст Миллион нафар тољикон ба Русия барои мардикорї мераванд. Маблаѓи ирсол намудаи онњо яке аз сарчашмањои асосии даромади љумњурї ба

њисоб меравад. Одамони бомаърифат ва санъаткорони тољик дар Русия савияи дониши худро баланд бардоштаанд. Онњо дар байни ду давлат мисли пул хизмат мекунанд, масалан, шоир ва нависанда Темур Зулфиќоров дар њарду давлат эътироф ва ќадрдонї карда мешавад. Инчунин, дар Душанбе «Комсомолская правда» ба табъ мерасад. Дар њама љо таъсири Русия мушоњида мегардад. Њарчанд Ўзбекистону Озарбойљон ба њуруфоти лотинї гузашта бошад њам, вале дар Тољикистон њуруфоти кириллї боќї мондааст. Њатто дар њамаи ошхонањо окрошка (дуѓобаи русї) пешнињод мекунанд. Ин хўроки хуштамъи љонбахш ба ќатори хўрокњои

Гурбонгулї Бердимуњаммадов, президенти Туркманистон ваъда дод, ки зимистони оянда ба Тољикистон барќ медињад. Оё ин ваъдаи ў иљрошаванда аст?

м

21

Ришдоронро дўст намедоранд Бист сол муќаддам Тољикистон љанги шањрвандиро аз сар гузаронд ва ба сари давлат исломиён омаданд. ИМА ва Аврупо њамоно аз њукуматдорон талаб карданд, ки ќуввањои мусаллањро истифода набаранд. Президенти камљуръат Набиев мисли Янукович роњи гурезро пеш гирифт. Ѓолибон кўшиш карданд, ки давлати исломї ташкил дињанд. Аз он ваќт ин љониб дар Тољикистон ба ришдорон бо шубња муносибат мекунанд. Ман ваќте ба Тољикистон омадам, ки соли 1993 муљоњидин аз Душанбе ронда шуда,

Пурсишномаи

њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj» Оё дар Тољикистон љавонон дар сохторњои роњбарикунанда мавќеи худро пайдо кардаанд?

a) Бале, нишонаи он чанде пеш таъин шудани як ќатор љавонон ба вазифањои масъул б) Не, хешу таборчигї монеаи љавонони кордон гардидааст в) Намедонам

4%

на едо м На 10% нам

едо

м На

60%

соб њи арзи ќ ин аз ик» о пар љ р ле, к Ба и То -1»- у бар ќ ар ўда ад «Б нгт екун авад а «С хт м д меш о

Бад зиё 0% т ле, 3 и иќ Р љ ти ол д усия о р мо да ба о зї ии м ни а рои и

Не, ин за ба киса рар и холии м ардум а ст

№ 20

н

Кўчаву хиёбонњо ва биноњо бо овезањои «9-уми май –рўзи Ѓалабаи бузург» оро ёфтаанд. «Собиќ Тољикистони якуниммиллионнафара ба сангари муњориба 300 њазор сарбозонро фиристод. Аз чор се ќисми љанговарон ба хона

барнагаштанд, беш аз 50 њазор муборизони зидди фашизм бо ордену медалњо мукофтонида шуданд, 65 љанговар сазовори Ситораи тилои Ќањрамони Иттињоди Шўравї гаштанд»,гуфт сафири Тољикистон дар Москва муљассамаи ќањрамонони љангро кушодаистода. Хотира дар бораи СССР дар ин љо зиндаву љовид аст. Сару либоси расмии милиса аз пештара тафовуте надорад, танњо нишонаи зери лапари кулоњ таѓйир ёфтааст. Мактаббачагон мисли замони Шўравї пешдомани сафед доранд, ки ин мўйсафедонро ба ваљд меорад. Чун пештара маљаллаи русии адабии «Помир» нашр мешавад, дар хиёбони марказии пойтахт театри русии ба номи Маяковский аз рўйи њикояњои Чехов намоишномањо нишон медињад. Ваќте ки тамоми љумњурињо, њатто Украинаи бародарї, бо истиќлолияти хеш ифтихор доштанд ва анъанањои гузаштагони худро ба њаёт татбиќ мекарданд (украинињо ќавми бандерњоро ба хотир оварданд, гурљињо меншивикњоро), тољикон намехостанд аз Русия људо шаванд. Махсусан, маро он чиз ба њайрат овард, ки муносибати онњо нисбати босмачиён таѓйир наёфтааст. Дар чашми мардум онњо мисли бандерњои Украина ќањрамон натофтаанд, балки чун роњзанону ѓоратгарон

м у н н 80 ешав њољи дози % ад ро

Ба Русия эътиќод доранд

Исроил Шамир, дар идораи њафтанома

Не, содиин ба и з ёти ќти а р а р ме Русия ора 16% д

Мењмони «Тољикистон» њамчунин оиди муносибати байни кишвараш ва Тољикистон, муносибати русњо бо тољикон изњори аќида намуд. Њоло мо тарљимаи мухтасари маќолаи ба тозагї дар газетаи «Комсомолская правда» чоп намудаи ўро пешкаши хонандагон мегардонем. Мардуми Тољикистон русњоро аз тањти дил дўст медоранд. Иди Ѓалаба 9-уми майро бо андуњ пешвоз мегиранд, њаёти муштараки моро бо шодиву хурсандї ба ёд меоваранд. Яке аз марзњои пошхўрдаи Иттињоди Шўравї, ки дар паси ќуллањои осмонбўси Помир аз ча��ми душманон пинњон мондааст, ин Тољикистон аст. Дар ибтидои моњи май, ваќте ки дар Москва аз сардии њаво љисми кас меларзад, ба Тољикистони сабзу хуррам ва тару тозаи гуворо парвоз карда омадан, аљаб кайфияте дорад. Аз дур мамлакат ќашшоќу хатарнок ба назар мерасад, вале дар асл мушоњида мекунї, ки ин кишвар сулњпарвар ва мисли пойпўши нарму гарм роњатафзост. Душанбеи тозаву озода касро мафтун мекунад. Дар роњравњо ќоѓазпораву пасмондањои сигор ба назар наметобанд. Сабзањо пок-покиза даравида шудаанд; оби мусаффои љўйборњои ќади кўчањо аз байни сабзазорон шилдиросзанон љорианд; аксар кўдакон бе назорати волидайн машѓули бозианд, занони атласпўш бо бачањояшон сайру гашт доранд. Духтарони малламўйи славянї дар кўчањо аз баъзе бачањои шум натарсида, озодона мегарданд. Мардум дари хонањояшонро ќулф накарда, ба маѓоза мераванд.

Эзоњ:

Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.


мавзўи рўз

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014 боз ба сари ќудрат Њукумати кунунї омада буд. Он ваќт дар иди бањор-Наврўз-намоише ба монанди иди Якуми Май ташкил шуда буд: дар кўчаву хиёбонњо њазорњо одамони хушу хуррам бо либосњои идона саф кашида буданд. Љанг боз чанд сол идома ёфт ва нињоят љавони одї аз Кўлоб Эмомалї Рањмон-чї хеле ки ўро њоло Рањмон меноманд, президент интихоб шуд. Ў барномаи оштии миллиро роњандозї намуд ва сад њазор гурезањоро аз Афѓонистон баргардонда дар мамлакат тартибот љорї кард. Тољикистон давлати дунявї гардид. Рўзњои љумъа мардум ба масљид мераванд, лекин њукуматдорон бо ин муросо мекунанду љонибдоранд. Дар мамлакатњои исломї тањсили љавонон бад ба роњ монда шудааст. Ба онњо танњо Ќуръонро намеомўзонанд. Чанде пеш њукумат аз њамаи чор њазор донишљўёне, ки каломи Худоро меомўзанд, талаб намуд, ки аз Покистон, Афѓонистон, Иордания, Арабистони Саудї ба хона баргарданд. Се њазор баргаштанд, њазори дигар дудилаанд. Онњое, ки баргаштанд, наќл мекунанд, ки барояшон муносибат кардан, бо мушаки «Стингер» ва аслињањои навбаромад, омода кардани яроќњои тарканда, ба љангњои партизанї тайёр намудани диндоронро ёд медоданд. Дар он сўйи дарё Афѓонистон воќеъ аст ва он љо миллионњо тољикон умр ба сар мебаранд ва аз он тараф маводи мухаддир, яроќу аслиња интиќол ёфта, тарѓиботи зиддидавлатї сурат мегирад.

Табаддулот пухта расид? Сиёсатмадорони Амрико чунин мепиндоранд, ки Тољикистонро инќилоби «гулгун» интизор аст. Бо онњо баъзе зиёиёни тољик низ њамфикранд. Онњо дар бораи озодии Ќирѓизистон бо шавќу завќ сухан меронанд, њарчанд чї љойи њасад? Дар ин љо бењад одамони маърифатноку донишманд бисёранд, аммо вазифањо дар як мамлакати камбаѓал нињоят каманд. Баъзе тањлилгарон аќида доранд, ки то он даме, ки аз љониби муњољирони Русия маблаѓњо ворид мешаванд, ба давлат њељ чиз тањдид намекунад. Муњаррир Нур ќайд мекунад: «Дар дењот биноњои нав бунёд мекунанд, таваллуд бењад инкишоф ёфтааст-ин нишонаи то андозае болоравии некўањволї аст ва халќ инро хуб мефањмад ва ба ќадри зиндагї мерасад». Бо ин маънї, миллатчиёни мо, ки тољикони муњољирро тањќиру маломат мекунанд, ба манфиати онњое кор мекунанд, ки мехоњанд Русияи бузургро пароканда намоянд. Муносибати мутакаббирона

нисбати коргарони тољик чун ба дигар зањматкашон нафратовар аст. Ба њар сурат тањќири муњољирони тољик обрўйи умумиљањонии ин мамлакатро мерезонад, барои он ки берун рафтан аз Тољикистон дастањои исломињоро њазорон километр ба Москва наздик мекунад. Ба ин давлат бояд кўмак расонд, аммо ба ѓайр аз ќабули муњољирин барои тањсил даъват намудани донишљўён њам муњим аст. Алњол донишљўёни тољикро мактабњои олии Амрико, Аврупо, Хитой барои тањсил даъват менамоянд. Халќи тољик халќи боистеъдод аст ва њар фард, ки донишљўёнро тарбия мекунад, бо гузашти айём давлатро ба даст меоварад.

Ёрии Москваро мунтазиранд Тољикистон бисёр масъалањои њалталаб дорад. Вай аз пасту баландшавии савдои байналхалќї зарар мебинад. Њатто меваю сабзавоти Тољикистон, ки бењтарин мањсуб мешаванд, ба раќобати моли нисбатан арзони Покистону Эрон тоб оварда наметавонанд. Ихтилоф бо Ўзбекистон бадбахтии асосии тољикон аст. Сабаби инро душмании Каримов нисбат ба тољикон мешуморанд. Њамчунин, муноќишањои марзу бум таъсир мекунанд: Душанбе ба Москва умед мебандад, Каримов бошад, сиёсатбозии худро байни Москва, Вашингтон ва Пекин роњандозї кардааст. Њар сол садњо дењќонон аз таркиши минаи дар сарњади миёни ду давлат гузоштаи Ўзбекистон љон ба Љаббор месупоранд. Воридоти газ ва барќ аз Ўзбекистон ќатъ шудааст, дар љануб роњи оњан аз кор мондааст. Дар сарњад тартиботи сахти иљозатномапурсї љорї гардидааст. Тошканд барои ба анљом расондани сохтмони НБО-и Роѓун, ки мушкилоти бо барќ таъмин намудани минтаќаро њал менамояд, розї нест. Тољикон аз Русия хоњиш мекунанд, ки Каримовро ба инсоф оварда, мамлакати онњоро аз бумбаст наљот дињад. Алњол дар Тољикистон таъсири русњо афзалият дорад, аммо дар натиљаи раќобати љониби Хитой, Эрон, Амрико ин афзалият мумкин аст, ки суст шавад. Айни замон Тољикистонро аз даст додан фољиа хоњад буд, дар њолате ки њаракати љангљўёнаи Амрико зидди Русия шиддат дорад, ба мо њар як дўст ѓанимат аст. Њафтаномаи «Комсомольская Правда» №20 (339) 14-20 майи соли 2014 Тарљумаи Њ. Имодї

Тољикистон

Њуљум ба Бадахшон

5

оромгоњи Носири Хисрав дар тасарруфи Толибон

Тайи як шабонарўзи охир Толибон ба минтаќаи Юмгони Бадахшони Афѓонистон њуљум карданд, ки дар пайи муќовимати мусаллањона ба тасарруфи онњо даромад. Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин њуљум "толибони тољикистонӣ" наќш доштаанд. Роњбарони маҳаллии Бадахшони Афғонистон таъид карданд, ки вулусолии Юмгони ин вилоят соати 10-и субҳи рўзи чоршанбе аз назорати неруҳои афғон хориљ шуда ва феълан дар тасарруфи Толибон қарор дорад. Толибоне, ки ба ин вулусолӣ ҳамла намудаанд, аксаран хориљиён, аз љумла тољикон будаанд. Наврӯз Муњаммад Њайдарӣ, волии Юмгони Бадахшон рӯзи 21-уми май гуфтааст, ки толибоне, ки ба вулусолии Юмгон ҳамла намудаанд, бештарашон Толибони покистонӣ, тољикистонӣ, ўзбакситонӣ, араб ва толибони худи Бадахшонанд, ки дар Покистон дарс хондаанд. Ба гуфтаи ў, Толибони мусаллаҳ рӯзи сешанбе ба вулусолии Юмгон ҳамла намуданд ва неруҳои амниятии афғон дар ҳоли дифоъ аз сокинон қарор доштанд, аммо имрӯз ин вулу-

солиро тасарруф кардаанд. Бо сабаби саривақт ба ин минтақа нарасидани неруҳои кўмакрасону муҳимоти иловагии љангӣ неруҳои амниятӣ ба норасоии муҳимоти љангӣ мувољеҳ шудаанд. «Мо ҳашт моҳ боз дар муҳосира қарор доштем ва якљо бо қувваҳое, ки аз тарафи вазорати дохилї дар ин вулусолӣ таъйин шуда буданд, бо Толибон муқовимат кардем. Вале ҳангоми ба мо муҳимоти љангӣ ва неруҳои кўмакрасон саривақт нарасид, мутаассифона, вулусолӣ аз дасти мо рафт», гуфтааст Наврӯз Муҳаммад Ҳайдарӣ. Ҳайдарӣ мегӯяд, ки дар ин даргирӣ талафоти сангин ба Толибон расидааст. Вай гуфт, ҳамчунин, беш аз даҳ сарбози афғон ба асорати Толибон даромадаанд. «Ба Толибон талафоти зиёд ворид шудааст, чунки мо дар ҳолати дифоъ будем ва онҳо ҳамла карда буданд. Вале асирони неруҳои давлатиро, -гуфта мешавад, бисёр нољавонмардона куштанд ва то љое, ки иттилоъ ёфтем, се зан ҳам дар ин даргирӣ кушта шудаанд». Ба гуфти Њайдарї дар ҳоли ҳозир беш аз 45 тан аз неруҳои

амниятӣ дар ҳолати муҳосира қарор доранд ва агар саривақт ба онҳо кӯмак нарасад, кушта хоҳанд шуд. Айни ҳол Фазлиддини Айёр, яке аз қумондонҳои Бадахшон мегӯяд, ки вулусолии Юмгон дар зери назорати онҳо нест ва неруҳои амниятӣ дар ҳоли муқовимат бо гурӯҳи Толибонанд. «Гап сари ин аст, ки Толибон субҳи имрӯз болои вулусолии Юмгон ҳамла намуданд, мо як нафар кушта ва як нафар захмӣ дорем. Аммо тамос бо маркази вулусолӣ қатъ шудааст, чунки Толибон пояҳои мухобиротиро дар онљо бо мушак задаанд. Ҳоло неруҳо бо чархболҳо омаданд, ки мехоҳем дубора вулусолиро бигирем». Ин ҳамларо љониби Толибон ба уҳда гирифтаанд, аммо аз теъдоди ками кушташудагон хабар додаанд. Наљибуллоҳ Муљоҳид, сухангӯйи Толибон мегӯяд, ки вулусолии Юмгонро афроди мусаллаҳи онҳо тасарруф кардаанд ва дар ин даргирӣ танҳо 3 толиб кушта шуда ва як тан захмӣ шудааст. Бояд гуфт, ки Юмгон оромгоњи шоири классики тољик ва яке аз пешвоёни исмоилиёни Бадахшон Носири Хисрав мебошад.

46 миллион доллар магар «невидимка» онро аз хонаи Њукумов мељўяд?

Мувофиќи маълумоти расонањои хабарї, гурўњи махсуси муфаттишони Вазорати корњои дохилї, Прокуратураи генералї ва Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ташкил ёфта, тањќиќи маблаѓњои аз худ кардаи Амонуллоњи Њукуматуллоњ, собиќ раиси идораи Роњи оњани кишварро анљом медињанд. Як манбаъ ба Радиои «Озодї» дар Вазорати корњои дохилии Тољикистон рўзи чоршанбе, 21-уми май зимни тасдиќи ин хабар гуфтааст, ки «фаъолияти ин гурўњ тафтиши маблаѓи махсусан калони 46 миллион доллари амрикої аст, ки аз тарафи Амонуллоњи Њукуматуллоњ, собиќ раиси идораи Роњи оњани Тољикистон дар замони фаъолияташ дар ин маќом аз худ карда шудааст.» Ба гуфтаи ин манбаъ муфаттишон муддати як моњи охир 5 маротиба манзили зисти Амонуллоњи Њукуматуллоњро дар

кўчаи Карамови шањри Душанбе, мавриди кофтукоб ќарор додаанд. Ў гуфтааст, ки муфаттишон ду маротиба дар њуз��ри посбони манзили Амонуллоњи Њукуматуллоњ дороињои ўро ваќти тафтиш муњр задаанд. Манбаи ин радио изњор намудааст: «Ваќте ки мо барои ковиш (обиск) ба манзили зисташ меравем, дарро баста мебинем ва њамсояњояш намедонанд, ки Њукумов ва наздиконаш куљо њастанд, фаќат мегўянд, ки Олмон рафтааст.» Дар њамин њол маќомоти Агентии мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералї ин хабарро ба хабарнигори «Тољикистон» тасдиќ ё рад накарданд. Дар навбати худ Вазорати корњои дохилии Тољикистон дирўз бо нашри як раддия дар сомонааш навишт, ки « ин хабарњо комилан нодуруст буда, асоси воќеї надоранд. Аз љониби Вазорати корњои дохилї ягон гурўњи махсуси муфаттишон таъсис дода нашудааст ва фаъолияти

Амонулоњи Њукуматуллоњ мавриди тафтишу тањќиќ ќарор нагирифтааст.» Њамчунин, мо бо кормандони сохторњои дар боло номбаршуда, телефонї дар тамос шудем ва онњо низ аз вуљуд доштани ин ќазия изњорї бехабарї карданд. Тариќи телефон сардори дафтари маркази матбуоти ВКД Љалолиддини Садриддин ба «Тољикистон» гуфт, ки онњо аз мављудияти чунин гурўњ хабар надоранд ва дар сурати арзи вуљуд карданаш албатта, иттилоъ хоњанд дод. Пас, ин «баргро кадом шамол љунбонд»? Амонуллоњи Њукуматуллоњ бо ќарори Њукумати љумњурии Тољикистон аз 4 феврали соли 2014 бо сабаби ба нафаќа баромаданаш аз вазифаи сардори Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» озод карда шуда буд. Ў аз соли 2002 то моњи феврали соли љорї муддати 12 сол дар маќоми раиси идораи Роњи Оњани Тољикистон ифои вазифа кардааст. «Тољикистон»


6 Тољикистон

нигоњи дигар

Ѓанї ё Абдулло? рўзномањои љањон вобаста ба интихоботи президентии Афѓонистон

Рўзномаи "Le Huffington Post"-и Фаронса менависад, дар миёнаи соли 2014 фаъолияти президентии Њомид Карзай ба анљом мерасад. Аз сабаби ширкати дуборааш дар интихоботи президентии ќаблї ў наметавонад барои давраи дигар номзадиашро гузорад. Акнун гуфта мешавад, ки давраи дуюми интихоботи президентї 14 июн баргузор мегардад. Зеро дар интихоботи моњи апрел ягон нафар аз номзадњо раъйи кофї гирифта натавонист. Дар давраи дуюм собиќ роњбари ВКХ Абдулло Абдулло, ки дар давраи аввал 45 дарсад раъй ба даст овард ва Ашраф Ѓанї собиќ вазири молия бо 31,6 дарсад раќобат мекунанд. Интизор меравад, ки номи президенти нави Афѓонистон дар аввали моњи август муайян мегардад. Ќаблан, номзади дигар Залмай Расул, Абдулло Абдуллоро дастгирї намуда, мавќеи ўро мустањкам кард. Тасмими Комиссияи интихоботї пас аз раванди тўлонии шумориши њазорњо раъй муайян гардид. Гуфта мешавад, ки њарду номзадњоро дар кишвар хуб мешиносанд ва имконияташон зиёдтар аст. Аммо Абдулло Абдулло таъкид мекунад, ки агар норозигии ў тафтиш мегардид, ў имкон дошт, ки аллакай дар даври аввал пирўз шавад. Рўзнома менависад, дар аввали ќайди номзадњо ба маќоми президент беш аз 26 нафар изњорот доданд, аммо аксари онњо аз надоштани салоњият ва ду шањрвандї ба интихобот роњ дода нашуданд.

Имконияти кї бештар? Рўзномаи «Коммерсант"и Русия менависад, агар аслан ба номзадњо ва хизбњо таваљљуњ намої, пас метавон гуфт, ки њамаи номзадњо аз њизби сиёсї будаанд. Ба ѓайр аз «Љамъияти исломї», «Њизби исломї» ва толибон. Тањлилњо нишон медињанд, ки аз ду номзади боќимонда, имконияти Абдулло Абдулло бештар аст. Дар солњои 20012006 ў вазири корњои хориљии Афѓонистон буда, дар охирин интихоботи президентии соли 2009 раќиби асосии Њомид Карзай ба шумор мерафт. Њарчанд мардум дар симои ў собиќ вазирро мебинанд, вале бештари сокинони води Панљшери Афѓонистон ўро њамчун нафаре мепиндоранд, ки метавонанд бо ў забон ёбанд. Агар Абдулло

Абдулло президенти ояндаи Афѓонистон њам шавад, аз он бештар сокинони води Панљшер хушњол мегарданд. Рўзнома менависад, ки Абдулло Абдулло зодаи ин вилояти дар миёни кўњњои Њиндукуш воќеъ гардида набошад њам, мардуми муќимї ўро фарзанд мехонанд. Абдуллои љарроњро дар Панљшер, ки ќисмати зиёди умрашро паси сар кардааст, 90 дарсади ањолї дастгирї мекунанд. Дар солњои 1980-ум Абдулло Абдулло муљоњидони љароњатбардоштаро табобат мекард. Дар соли 90-ум бошад, ў зидди толибон бо Ањмадшоњи Масъуд-ќањрамони Панљшер љангидааст. Абдулло дар давоми 6 соли роњбари мухолифин буданаш ба он таваљљуњ кардааст, ки ду нафар раќибони асосиаш-Ашраф Ѓанї ва Залмай Расул, ки дар ѓарб маълумот гирифтаанд, дар замони љанги Афѓонистон кишварро тарк гуфтаанд. Ў бошад дар кишвар монд ва онро њимоя кард. Њамчунин, баъзењо шуњрати Абдуллоро ба наздикииаш бо «Шери Панљшер» вобаста медонанд. Абдулло дар замони љанги шањрвандї ва њукмронии Толибон дар соли 1990 боварии Масъудро ба даст овард. Рўзнома менависад, ки ба ѓайр аз Абдулло Абдулло, номзади дигар Ашраф Ѓани Ањмадзай, собиќ вазири молия низ имконияти ѓолибият дорад. Дар интихоботи ќаблї Ѓанї 30 дарсади раъйро соњиб шуд, вале њоло мавќеи ў бо дастгирии генерал Абдул-Рашид мустањкамтар гардидааст.

Хатарњо дар интихоботи Афѓонистон Рўзномаи "The Guardian"-и Британия менависад, њоло хукумати Афѓонистон ва ташкилотњои гуногун барои баргузории давраи дуюми интихоботи президентї кўшишњои зиёд ба харљ медињад. Барои ба маќсад

расидан комиссияњои гуногуни давлатї ва нозирон таъсис дода шудаанд. Интихоботи президентї пас аз барканор шудани «Толибон» дар соли 2001-ум чорабинии сиёсии муњими демократї дониста мешавад. Мақомоти комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд, бештар аз 325 ҳазор нозири дохилӣ ва хориљӣ бар раванди раъйгирӣ ва шумориши овозњо дар ин интихобот назорат доранд. Њамчунин, амнияти интихоботро беш аз 350 000 нафар низомиён ва кормандони макомоти бехатарї њифз намуданд. Њарчанд, новобаста аз ин толибон дар баъзе аз минтакахои Афѓонистон террор анљом доданд. Гуфта мешавад, ки дар њавзањои интихоботї 79 дарсади тамоми мардуми кишвар љамъ хоњанд омад. Тибќи маълумоти ташкилоти Democracy International, беш аз 85 дарсад афѓон омодаанд, ки ба ин ё он нафар номзад раъй бидињанд. Ба њар сурат, интихоботи давраи дуюми президентї бо хатари бузург рў ба рў аст.

Расмуссен кафолат медињад? Рўзномаи "Die Zeit"-и Олмон менависад, тибќи маълумоти Комиссияи мустакими интихоботї таъмини амният, яке аз аввалин масъулиятњои Афѓонистон ба шумор меравад. Дабири кули НАТО Андерс Фог Расмуссен дар замони баргузории интихоботи президентї бо љалби намояндагони хадамоти бехатарї таъмини амниятро кафолат додааст. Вале, агар ноамнї дар баъзе кисматњои њавзањои интихоботї таъмин нагардад, натиљаи интихобот зери шубња ќарор хоњад гирифт. Рўзнома менависад, ки њамзамон бо ин толибон њамаи имкониятњоро ба бовар кунонидани мардум ба-

рои бекор кардани натиљањои овозњо истифода мебаранд ва њатто изњор медоранд, ки намегузоранд дар кишварашон интихоботи «бардурўѓ» ва «худнишондињї» гузаронида шавад. Дар љавоб ба ин Вазорати мудофиаи Афѓонистон зикр намудааст, ки маќомоти бехатарї метавонад амниятро таъмин намояд, мисли интихоботи 5 апрел. Аммо пас аз баргузории давраи аввали интихобот њам толибон ба Комиссияи инхоботї ва маќомоти амниятї тањдид мекунанд. Тибќи маълумоти расмї, дар њоли њозир танњо бехатарии 6772 њавзаи интихоботии кишвар таъмин карда шуда, дар 396 њавза то њол вазъият шиддатнок боќї мемонад.

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Маълумотномаи Никос Анастасиадис Никос Анастасиадис , ки 27 сентябри соли 1946 дар Лимасоли Кипр ба дунё омадааст, аз соли 2013, 7-умин президенти Кипр ва роњбари њизби сиёсии ростгарои Иттињоди Демократї ба шумор меравад. Дар интихоботи парлумонии 22 майи соли 2011 њизби ў «Иттињоди демократї» дар парлумон соњиби 20 љой гардид. Аввалин маротиба Анастасиадис соли 1981 дар Парлумони Кипр интихоб гардид ва аз 8 ибни соли 1997 роњбарии њизбро ба уњда дошт.

Номзадњо кам шуданд, ѓолиб кї мешавад? Рўзномаи "Javan "-и Эрон иттилоъ медињад, интихоботи президентии ќаблї нишон дод, ки бо кам мондани ваќт барои овоздињї, номзадњои зиёд аз маъракаи пешазинтихоботї даст кашиданд ва дастгирии худро аз дигар номзадњо эълон карданд. Аз ин хотир, њоло раќобати шадид танњо миёни 2 номзад идома дорад. Њамчунин, якљошавї ё мухолифат андохтан дар дохили њизбњои асосии сиёсї метавонад ба натиљаи интихобот бетаъсир набошад. Агар маъруфияти «њизби Исломї» ва дастгирии пурраи Абдулло Абдуллоро ба назар бигирем, ин њизб имконияти пурра барои пирўзиро дорад. Рўзнома менависад, муайян аст, ки гурўњи номзади Абдулло Абдулло аз сиёсатмадорони бонуфўз иборат буда, онњо хоњони ислоњот, якљошавии љамъияти Афѓонистон, таѓйири њукумати президентї ба парлумонї, интихоби ќисмати губернаторњо, устувории њизби сиёсї, њалли масъалањои вобаста ба хатти Дюранд ва таъмини муносибати мустањкам бо љањон мебошанд. Њамчунин, Абдулло Абдулло аслан аз оилаи паштуну тољик аст. Ин далел ва иштироки ў дар љанги ба љонибдории «Иттињоди Шимолї» метавонад боиси пирўзии ў гардад. Раќиби ў Ашраф Ѓанї Ањмадзай бошад, дастгирии мустањкам аз љониби ќавмњои паштун дар љануб ва шарќи кишвар дорад, вале истиќомати зиёди ў дар хориља метавонад мушкилоти асосї мегардад.

Аз рўйи маълумот ў њуќуќшинос буда, таъсисдињандаи ширкати њуќуќии Nicos Chr. Anastasiades & Partners мебошад. Никос факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи Афинаро хатм намуда, тањсилашро дар аспирантураи Донишгоњи Лондон идома додаст. Њизби Иттињоди демократї аз коњиш ва даъвати пурраи хидмати харбї пуштбонї мекунад. Ин хизб даъват ба он мекунад, ки муњлати хидмати њарбї кохиш дода шавад ва интихоб ба артиш аз муттахассисони низомї сурат бигирад. Моњи феврали соли 2011 парлумони Кипр ба барномаи «Шарикї ба хотири сулњ»- охирин ќадами Кипр барои ворид шудан раъй дод, вале президенти ваќта Димитрис Христофиас ба он вето гузошт. Баъдан, Никос Анастасиадис изњор намуд, ки агар дар интихоботи соли 2013 пирўз шавад, њатман Кипр ба узвияти НАТО ворид хоњад шуд. Моњи марти соли 2012 Никос Анастасиадис номзадиашро барои интихоботи соли 2013 пешнињод кард ва ў 673 раъй (86, 73 дарсад) ба даст овард. Соли 2013 дар давраи дуюми интихоботи президентї пирўз шуд. Никос Анастасиадис аз соли 1971 бо Андри Мустакуди оиладор буда, соњиби ду духтар- Элза ва Ино ва 4 набера Энди, Никол, Љорљ ва Нико мебошад.

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: barno@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


иќтисод

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Тољикистон

КАС моро хўронда наметавонад

7

пас, кай Тољикистон Исроил мешавад?

Мавќеи Тољикистон дар иќтисоди љањонї дар замони њозира ба гурўњи мамолики љањони сеюм мансуб аст. Иќтисодиётро танњо содироти нисбатан калон (70 дарсад ММУ), ки асосан аз мањсулоти озуќавории кишоварзї ва алюминий иборат аст, нигоњ медорад. Вобаста ба ин, масъалаи бехатарии озуќаворї ва зарурияти худтаъминкунї бо мањсулоти озуќаворї аз нуќтаи назари бењад заифии мамлакат (аз љумла, ба њар сар ањолї соли 2000– 269,4, 2005–381 ва с. 2012 – 900 долл. ММУ рост меомад), ки аз бисёр мамолики Иттињод ќафо мемонад, метавон баррасї кард. Бинобар ин, дар ЉТ баррасии заминаи оид ба сатњи некўањволї пайдогардида, ки асосан дар норасогињои маводи озуќа ифода меёбад, диќќати махсусро талаб менамояд. Њамчунин, вазъияти баамаломада бовариро ба як зуњуроти асосї – вобастагии пойдории истиќлолияти давлат ва таќвияти саломатии љомеа аз кифоягии озуќа, пурзўр мегардонад. Ин вазъият махсусан дар ЉТ, ки иќтисодиёташ нисбатан заиф аст, нисбат ба дигар љумњурињои собиќ иттињод тезу тундтар гардидааст. Пас аз парокандашавии Иттињоди Шўравї ба ЉТ сохтори харобгардидаи КАС (Комплекси агросаноатї), ки дар он низоми экстенсивии бењудахарљии истењсолот боло гирифта буд, мерос гузошта шуд. Сабаби чунин вазъият дар ин аст, ки дар КАС ЉТ дар амал зинаи аввал (аз он љумла, бахши манобеъ таъминкунанда) вуљуд надорад ва зинаи сеюм (аз нав коркард, наќлиёт, нигањдорї, фурўш) суст тараќќї кардааст. Дар њаждањ соли гузашта, аз рўйи сатњи рушд ва натиљабахшї КАС-и ЉТ-ро наметавон ба сафи комплексњои хољагии халќи муваффаќ мансуб донист. Ба ин моро динамикаи таъминот бо маводи озуќа аз њисоби истењсоли ватанї бовар мекунонад. Масалан, дар солњои 1991-2012 ба њар сари ањолї – истењсоли мањсулот аз 2,5 то 4 маротиба кам гардидааст (ба ѓайр аз ѓаллагињо ва картошка). Бинобар ин, оид ба сатњи истеъмоли озуќа ба њар сари ањолї ЉТ аз љойи 10-уме, ки дар даврони давлати Шўравї дар байни давлатњои љањон ишѓол мекард (1990с.), ба

љойи 80-ум паст фаромад. Нисбат ба солњои гузашта, махсусан, истеъмоли гўшт, мањсулоти ширї, тухм, равѓани растанї, моњї ва мањсулоти моњигї кам шудааст. Ратсиони хўрокаи шањрванди миёнаи мамлакат асосан аз маводи нонї ва картошка иборат мебошад, яъне вай дар нињоят норасогии сафедаю нерўгиро ифода менамояд, ки маводи ќалбакї ва аксар ба саломатии инсон хатарнокро дарбар мегирад (аз љумла маводи воридотї). Ин ба саломатии инсон бетаъсир монда наметавонист – муњлати умри инсон кўтоњ гардида, бемории умумї ва фавтнокї зиёд гардида, генофонди миллат хароб гардида истодааст. Бинобар ин, барои дар сатњи ба њадди аќал зарур ќонеъгардонии талабот ба озуќа бештар ба воридот майл мекунанд. Воридот имрўз 50 дарсад тамоми њаљми маводи озуќаи барои истеъмол тайёр кардашавандаро ташкил менамояд. Маълум аст, ки сатњи аз њад зиёди воридот 30 фоиз, аз ин љост, ки оќибатњои тањдиди норасогии озуќавї алакай њис карда мешаванд. Маводи озуќа асосан аз мамолики ИДМ, Чин ва Эрон оварда мешавад. Хусусиятњои хоси зуњуроти мазкур инњоянд: норасогии табии хўрок, аз љињати биологи пастарзишии ратсионњо ва асосиаш – пардохтнопазирии ањолї барои ба даст овардани намудњои муњимтар ва зиёдкаллориятари маводњои аз мањсулоти чорво бароянда. Ва ин вазъият бо он алоќаманд буд, ки њаљми пасти даромадњо љой доштанд. Бинобар ин, дар солњои 1985-1990

њиссаи маводи озуќа 40-50дарсад даромади ањолиро ташкил мекард, ки он ваќт нисбатан таъмини пурраи озуќа ба љо оварда мешуд, дар солњои 20002012 бошад, ин њисса ба 80 фоиз расид, ки сатњи умумии таъмин бо озуќа ба љомеа њавфи калонро ба вуљуд овард. Аз дигар тараф воридоти афзоянда њалли мушкилоти амнияти озуќаро дар назди љомеа кўндалаг гузошт, зеро он (воридот) аз истењсолгари мањсулоти кишоварзии ватанї кариб нисфи бозори дохилии озуќаро гирифта, ўро «буѓї» мекунад. Ба ѓайр аз ин, воридоти озуќа, содироти ашёи хоми кишоварзї (нахи пахта, пилла, пўст, пашм) – ин як тарзи ба манфияти мамолики хориљї «кашида партофтани» сарватњои миллї мебошад. Њамин тавр, давлат на истењсолотчиёни ватаниро, аммо сохторњои миёнаравро њавасманд гардонида, мамлакатро ба таъмингари ашёи хом барои мамолики хориљї табдил медињад. Азбаски, дар натиљаи пешбурди сиёсати нодурусти иќтисодї мамлакати мо ноил нагардида ва нагашта истодааст, ки худро бо маводи озуќа пурра таъмин созад ва рушди самароноки КАС-ро њамчун соњаи муњимтарини иќтисодиёт бар љо монад. Чунин њолат бо он вобаста аст, ки кишоварзии кунунї ва КАС ЉТ амалан ба пуррагї бар рушди худ ба худ асос ёфтанд ва илова бар ин, дар бораи мављуд набудани дастовардњои илмии агроиќтисодї оид ба рушди ояндаи соња њољати гап њам нест. Њамин тавр, ноил гаштан ба фаровонии озуќавї на танњо бо љидду љањди ин-

сонї, ки мисолаш таљрибаи чунин як мамлакати хурдакак ба монанди Исроил мебошад, инчунин, бо пешбурди сиёсати дурбинонаи аграрї-иќтисодї, ки бар коркардњои илмї асос ёфтааст, алоќаманд мебошад ва ин таљриба бояд барои ЉТ њамчун объекти ба меросгузоранда њисоб ёбад. Азбаски, њанўз дар солњои 50-ум раванди ба мамолики Осиё, Африко ва Америкаи лотинї гузаронидаи таљриба дар соњаи истењсолоти кишоварзї ѓункардаи Исроил оѓоз ёфта буд, њоло ин таљриба дар тамоми љањон пањн гардида истодааст. Њамин тавр, истифодаи таљрибаи давлатии аграрии Исроил барои мамлакати мо мубрам боќї мемонад. Натиљањои интизорї: таъмини амният ва истиќлолияти озуќавории мамлакат ва дар оянда ќонеъ намудани талаботи пурраи ањолї бо маводи хўрока, тибќи меъёрњои аз љињати илмї асоснок кардашуда; оптималинамої ва муътадил гардонии такрористењсоли харобгашта дар тамоми соњањои КАС, ки монеаи рушди истењсолоти аграрї ва тамоми иќтисодиёт гардидааст; баланд бардоштани самаранокии истењсолот ва ноил гаштан ба раќоботпазирии мањсулоти истењсолоти аграрї дар бозорњои дохилї ва берунї, инчунин, дар мавќеъњои пешќадами ПИТ (пешрафти илмї-техникї). Дар натиљаи тайёр ва тадбиќ намудани лоињаи мазкур метавон донист: эътимоднокии худтаъминкунии ањолии мамлакат бо озуќа ва раќобатпазирии мањсулоти кишоварзии ватанї, мушкилот оид ба мављудияти

миќдор, гуногуниятии лозимї ва хушсифатии озуќавори саломатї ва некуањволии одамонро таъмин кунанда њалли худро меёбад, масъалан самаранок истифода бурдани ашьёи ѓайриозуќавї (нахи пахта, шоњї, пўсти ќароќулї, пашм, пашми моњини буз, масолењи пўстї, пўсти гўсфанд, обрешим ва ѓайра) барои истењсоли нињої инчунин, њалли худро меёбад, ва мутобиќан имкониятњои арзиши онро назар ба њолати ба сифати ашёи хом фурўхта шуданашон 10-15 баробар меафзояд. Зерсохтори бозор, ки аз он афзоиш ва самаронокии истењсолоти кишоварзї вобаста аст, ба воќеияти имрўза бо назардошти њисса, мавќеъ ва ањамияти њар кадом бахши комплекси озуќаворї мутобиќ карда хоњад шуд ва шароитњои кўмак ва дастгирии истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї фароњам оварда мешавад. Фарќияти мављудаи имкониятњои биоиќлими байни минтаќањои алоњида ва љойгиркунии дурусти зироатњо, соњањои алоњида, васеъшавии онњо, инчунин, самаронокии онњо муайян карда мешаванд. Самаранокї ва фоиданокї дар истењсоли мањсулот баланд мегардад, каналњои фурўши онњо васеъ ва санъати идоракунии фаъолияти хољагидорї баланд хоњад гашт. Дар асоси оптимиалкунонии низоми тарифї ва андозї дастрасии ќуллаи иќтисодї ба бозорњои кишоварзии хориљї ба вуљуд оварда мешавад, иљрои уњдадорињои байналхалќї ва ќавї гардидани мавќеи мамлакат дар гуфтушунидњои байналхалќии тиљоратї таъмин мегардад, сиёсат доир ба замин бояд бо назардошти интихоби инструментњои оид ба истифодаи оќилонаи он, яъне дар заминаи принсипњои иќтисодї, экологї, ландшафтии пешбурди низоми заминдорї муайян карда шавад, њавасмандињо оид ба истифодаи заминњои мављудаи кишоварзї ва васеъ гардонидани марзњои заминдории бомаданият бунёд карда мешаванд; самтњои оптимиаликунонии сохтори соњавии истењсолоти кишоварзї ва тамоми КАС муайян карда мешавад, инчунин, шароитњои иќтисодї ва њуќуќї барои бартараф намудани «љойњои бисьёр танг» дар низоми КАС муњайё карда мешаванд. Фаррух Абдувосиев, иќтисодшинос

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: rahimzoda@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


8 Тољикистон

аз пайи мактуб

Гарди майдондар хонадон

Моњи январи соли 2010 дар назди бинои кинотеатри «Орлёнок» майдончаи истироњатию фароѓатии кўдакона бо номи «Гулѓунча» сохта ба истифода дода шуда буд. Атрофи майдончаро девори бетонї ва панљарањои оњанин ињота кардааст. Аз ин лињоз минбаъд имконияти об додани дарахтоне, ки дар ин љо месабзиданд, аз даст рафт. Ин майдонча на боѓбон дораду на посбон, ки то њадди имкон барои ободонии он кўшиш намоянд. Њамчунин, таљњизотњои варзишии майдонча, симчўбњову харакњои даври он шикаставу вайрон карда шудаанд. Дар майдонча љавонписарону духтарон то беваќтии шаб, дар њузури кўдакону сокинони мањалла ба ишќварзї ва нўшидани нўшоќињои спиртї ва дигар рафторњои ношосита машѓул мешаванд, ки ин ба тартиботи љамъиятї ва осудагии мардум халали љиддї ворид месозад. Аз љониби кормандони милитсия тамоман назорати њифзи тартиботи љамъиятї вуљуд надорад. Кормандон ва сардори КММ №1 оиди бартараф намудани камбудињои зикргардида чорае намеадешанд. Агар вазъият њамин тавр идома ёбад, майдончаи мазкур дар давоми ду -се соли оянда ба харобазор табдил меёбад. Мо, шањрвандони пойтахт, аз тасмими Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон ва Раиси шањр Мањмадсаид Убайдуллоев дар бобати ободу зебо гардонидани њар як ваљаб замини Тољикистони азиз, аз он љумла, шањри сарсабзу зебои Душанбе нињоят болидаруњ гашта, кўшиш менамоем, ки дарахтзору майдончањои гирду атрофи биноњо ва марказњои истироњату фароѓати сокинони онро ободу зебо нигоњ дорем. Њарчанд дар бораи њаллу фасли масъалаи обёрии майдончаи номбурда, ба унвони раиси ноњияи Сино мактуб навишта, њатто роњњои њалли онро њам маслињат дода будем. Вале дар љавоб вай иброз намудааст, ки имконияти ќонеъ гардонидани ин хоњиши моро надорад ва вазифаи љонии худро ба дўши дигарон бор кардааст. Оид ба ин масъала моњи июли соли 2013 ба унвони Њукумати шањр низ мактуб ирсол намуда, љавоби раиси номбурдаро њам замима карда будем. Мутаассифона, то њанўз љавоб нагирифтаем. Бинобар ин, аз шумо, кормандони њафтаномаи «Тољикистон» эњтиромона хоњиш менамоем, ки барои њалли мусбати мушкилоти мо мусоидат

намоед. Бо эњтиром: сокинони кўчаи Љомї, хонаи 30/1: Додарбеков, Холиќбердиев,А. Рањимов, Нарзуллаева, Пирова, Табарова Табарова, Душанова, Файзуллоева, Муњаммадиев, Абдурањмонов, Бобоев, Ќаюмова М, Бердиева, Мемозонов, Иванова, Насимов Н, Каримова, Хушвахтов, Асоева, Нарзуллоев, Душанова, Умаров, Исоева, Асадова, Воронин, Шевева Г.Р, Анварова,Њафизова …Таровату зебоии шањр дар навбати аввал ба маданияту маърифати шањрнишинон вобаста аст. Ваќте ки кас аз байни биноњои баландошёна ва роњравњои мањаллањои ањолинишин гузашта, тозагию ободии он љойњоро мебинад, пеш аз њама ба сокинонаш рањмат гуфта, аз дилаш мегузаронад, ки воќеан сокини пойтахатанд. Сокинони хонањои баландошёна, ки дар атрофи майдончаи фароѓатии «Гулѓунча», кўчаи Љомии ноњияи Сино зиндагї мекунанд, аз њамин ќабиланд. Барои тозагию ободии манзилњои зисти худ талош мекунанд, вале муддатњост, ки барояшон мушкилот пеш омадаасту барои рафъи он иќтидорашон кофї нест. Дар ин љо нафароне њам зиндагї мекунанд, ки афсари ВКД ё Вазорати мудофиаи љумњурианд, замоне дар адои хизмат буданду имрўз давлати пирї меронанд ва дар ин нома номи чанд тан аз онњо омадааст. Барои аз асли воќеа ошно шудан мо ба майдончаи фароѓатии кўдакон «Гулѓунча» омадем ва бо нафароне, ки ба он робита доранд, њамсуњбат шудем. -Ваќте ки ин майдончаро сохтанд, мо хеле хушњол гаштем. Замоне шабона чароѓњояш фурўзон мешуданду мо ба он љо нигоњ карда, диламон лабрези шодї мегашт ва штати Калифорнияи ИМА пеши

назарамон љилвагар мешуд,гуфт сокини кўчаи А. Љомї Мустаќим Додарбеков. Дар ин майдонча дарахтони нодир зиёд буданд, сохтмончиён як ќисми онњоро бурида ба хонањояшон бурданд. Сокинони биноњо аз ин огоњ гаштанду нагузоштанд, ки онњо дарахтони боќимондаро мањв созанд,-афзуд ў. Ба гуфтаи М. Додарбеков муддате нагузашта, майдончаи «Гулѓунча» рў ба харобшавї овард. Симходањои чароѓњоро, ки оњанин буданд, бурида бурданд. Панљарањо ва симтўрњоро, ки атрофи боѓчаро мепечонд шикастанд. Майдончаи футболбозї низ ба њолати ногувор гирифтор шуд. Сабзањои он хушк шуданду њамин ки бачањо ба бозї сар карданд, гарду чанги майдон рост ба хонањои баландошёнаи истиќоматї медарояд. Аз рўзе, ки дар атрофи боѓча новабетонњоро гузоштанд, дигар имкони об додани нињолњо аз даст рафт. Дар ин љо марди рустабор Пирков Василий Яковлевич -подполковники хизмати дохилї зиндагї мекард. Шодравон дар фасли гармо бо сатил нињолњоро об медод. Баъди аз олам чашм пўшидани ў дарахтон аз беобї хушкидан гирифтанд. Сокини дигари ин бино Тошпўлод Бобоев низ аз харобшавии боѓча, рўз то рўз танг шудани љойи бозии бачањо гилагузор аст. Ў мегўяд, ки чанд метр дуртар аз ин майдонча, дар кўчаи Камоли Хуљандї ду њавзи оббозї барои бачањо вуљуд дошт, ки аксари бачањои биноњои наздики он дар њамон љо оббозї мекарданд, вале он њавзњоро вайрон карданду ба љояшон биноњои баландошёна сохтанд, акнун аксари бачањои дуру наздик ба њамин «Гулѓунча» меоянд ва дар ин љо шавќуну нињолшиканї боло мегирад. Аќалан нозирони

минтаќавї, кормандони Комбимнати манзилии №1 боре аз назди ин боѓча мегузаштанд, шояд он ба ин ањвол гирифтор намешуд. Мо ба сардори бино Њусейнбой Холиќбердиев њамсуњбат шудем. -Дар њаќиќат, боѓчаи фароѓатии бачањо «Гулѓунча», ки чанд сол пеш хеле назаррабо буд, имрўз рў ба харобї овардааст. Кинотеатри як замон машњури «Орлёнок», ки дар пањлўи боѓча аст, таъмирталаб буда, дар деворњои он бо њарфњои сиёњи калон навиштаљотњои бемаънї сабт шудааст, ки табъи касро хира мекунад,-мегўяд Њусейнбой Њаќбердиев. Дар сохтмони ин боѓча то љое мо огоњ њастем, ќариб 1 миллион сомонї сарф шудааст. Шикастану бурдани симчўб -ин љиноят аст. Чаро кормандони маќомоти дахлдор онњоро дастгир кардаву ба љавобгарї намекашанд? Рўзона мо боѓчаро тањти назорат мегирем, вале шабона њангоми хоб буданамон шахсони номаълум ба ин вайронкорї даст мезананд. Боѓчаро ваќте ки сохтанд, бояд он посбон ё боѓбон дошта бошад. Ободии он барои дамгирии бачањо хеле зарур аст. Охир, њамин боѓчањои фароѓатї набошад, бачањои бечора дар куљо бозї кунанд? Майдончаи «Гулѓунча» ягона нест, ки ба њолати ногувор гирифтор шудааст. Дар мањаллаи «Проектный», ноњияи Исмоили Сомонї ва дигар ноњияњо низ њолати майдончањои фароѓатии кўдакон аз ин бадтар аст. Пас, бояд дар навбати аввал сокинони ин кўчањо ва масъулини ба ин соња вобастабуда, пайи ободии ин боѓчањо тадбирњои амалї андешанд ва ѓами сокинонро хўранд. Иззатбеки ИДИЗОД, «Тољикистон»

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Магар девонаро мепаронанд? Хабари 16 май аз љониби нозирони зиндони Ёвон паронда шудани мањбус, шањрванди Эрон Мањдии Ќамбарї дар расонањо сару садоњои зиёде пайдо кард. Ба гуфтаи маќомот Мањдї њангоми ќасди гурехтан кардан аз мањбас ду тир хўрда, њоло дар бемористони мањбасњо, ки дар шањри Вањдат воќеъ аст, тањти табобат ќарор дорад. Ин шањрванди Эрон соли гузашта, бо гуноњи убури сарњади Тољикистон ба муњлати ду сол равонаи мањбас гардид. Ў як солу ду моњи ин муњлати љазоро гузаронидаву то озодшавии комилаш чанд моњи дигар монда буд. Пас, Мањдиро чї маљбур кард, ки аз мањбас рў ба фирор орад? Баъзе аз њолдонњо, ки аз гуфтани номашон худдорї кардаанд, иброз доштанд, ки шояд Мањдї аз шароити бад будани шароити зист дар мањбас рў ба фирор оварда бошад. Дар ин маврид назари масъулини раёсати ислоњии мањбасњои Вазорати адлияи Тољикистон дигар аст. Муовини сардори сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати мазкур ин ќазияро шарњ дода гуфтааст, ки мањбус бемории равонї дошт. -Чун мањбуси зиндони ноњияи Ёвон, ноќисулаќл аст, гоњ-гоње ќоидањои буду бошї зиндонро вайрон карда, ба минтаќаи мамнуъ мерафт.Мо ба гуфтањои полковник сад дар сад розием, вале дар ин љо аз гап-гап баромадаву саволњои бељавоби дигаре пайдо мешаванд. Магар девонаро дар мањбас нигоњ медоранду њангоми фирори ноќисулаќл сўяш бо автомат тир мекушоянд. Охир, дар мањбаси Ёвон он ќадар љинояткорони хавфнок мањбасї нестанд, ки љонибашон бо автомати Калашников тир холї кунем. Дар замони Шўравї љинояткори фирор кардаро, ки ба љомеа хатар дошт, фаќат ба пояш мепаронданд, на ба тахтапушташ. Мувофиќи маълумотњои ба мо расида, намояндагони сафорати Эрон баъди дар расонањо пайдо шудани хабари маљруњ гаштани мањбуси эронї барои аз асли воќеа хабардор шудан, ба мањали мањбас сафар кардаанд. Мувофиќи баъзе маълумотњо Мањдї дар Тољикистон њамсар ва духтар дорад. Дар Тољикистон ба тиљорат шуѓл варзида, дар Афѓонистон низ нуќтаи савдо доштааст. Шиносномаашро гум кардаву мехостаст сарњадро убур карда, ба Тољикистон ояд, вале сарњадбонон ўро боздошт карданд. Шояд сарњадро убур карданаш низ сабаби бемории равонї доштанаш бошад, вале девонаро ба мањбас не, ба бемористон мебаранд. Шояд њамаи инро рафти тафтишот муайян намояд. Мо ба ин боварї дорем.


њуќуќ

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

…Автомошинњои «Тойота Кемри» ва «Лексус» таќрибан соатњои дањи шаб ба назди тарабхонаи «Авесто» омада истоданд ва аз дохили он чанд нафар фаромада, рост ба толор даромаданд ва аз он љо Сайдуллоро кашон-кашон оварда, ба мошини «Тойота» шинонданду ба тарафи мањаллаи Хуљамбиё роњ пеш гирифтанд. Аввалин коре, ки љинояткорон карданд, ин ба пойи Сайдулло бо таппончаи травматикї як тир заданд, то ки љидди будани тасмими худро нишон дињанд. Баъд дар Хуљамбиё, дар канори роњ мошинро нигоњ доштанду Сайдуллоро ба берун кашида, ба лату кўби ў сар карданд. Садои фарёди маљруњ одамони нав ба хоб рафтаистодаро бедор кард ва як-як чароѓи хонањо фурўзон шудан гирифт. Љинояткорон диданд, ки одамон аз њодиса хабардор мешаванд, дубора Сайдуллоро ба мошин шинонда, ба тарафи дараи Варзоб роњ пеш гирифтанд. Он љо рў ба рўйи њавзи обтозакунї мошинњояшон-

Тољикистон

Мољарои аспи ќирѓизї

ё љиноятњои гурўњи Алиматов бо чї анљомид ро нигоњ дошта, боз ба сари марди яккаю танњо омаданд ва ин бор Юсуф-сардори дастаи љинояткорон таппончаи оташфишонро ба сари Сайдулло монда, тамоми дороии дар кисааш буда 300- доллари ИМА ва телефони мобилии «Нокиа»-ро, ки 200 доллар арзиш дошт, гирифтанд. Ин љинояткорон кї буданд? Тафтишот муайян кард, ки он шаб ба њаёти Сайдулло Рањимов чанд нафар, аз љумла Юсуф Алимадов, Комил Шамсуллоев, Дилшод Мањмадалиев, Фирўзљони Абдусамад, Исломов ва боз чанд нафари дигар ќасд карда будаанд. Маќсади ин гурўњ, бо роњи зўрї ба даст овардани маблаѓ буд. Ин љо мо танњо як лањзаи «фаъолияти» ин дастаи љинояткорро овардем. Дар асл, ин гурўњ љиноятњои зиёде содир намуда буд, ки овардани тафсилоти њамаи он дар як маќола им-

кон надорад. Вале бояд гуфт, ки Алимадов ва шарикони ў ба чанд љиноят гунањгор дониста мешаванд, ки њатто характери байналмилалї доштанд. Аз љумла, бо роњи фиреб онњо мехостанд моликияти шањрванди хориљї-сокини Ќирѓизистонро њам соњиб шаванд… …Алимадов дар истироњатгоњи «Бањористон» дар вилояти Суѓд, пас аз ба даст овардани як миќдор пули бо роњи љинояткорї ёфтааш истироњат мекард. Дар он љо бо ду нафар шањрвандони Ќирѓизистон шинос шуд ва фањмид, ки Жанбекови ќирѓиз як аспи хуби фурўшї доштааст. Алимадов ба суханпардозї сар кард ва ќирѓизњоро бовар кунонд, ки ў ин аспро мехарад. Аспро ба маблаѓи 25 њазор доллар савдо карданд ва он аввал аз Ќирѓизистон ба Чкаловск оварда шуд. Алимадов ба Жанбеков 10 њазор доллар доду гуфт,

ки боќимондаи пулро ваќте ки асп ба Душанбе расид, медињад. Жанбекови аз найранги Алимадов бехабар розї шуд ва њамроњи Алимадову њамроњонаш ба «Лексус» нишаста, ба тарафи Душанбе роњ пеш гирифтанд. Пеш-пеши онњо автомашинаи боркаше, ки дар он асп бор карда шуда буд, њаракат мекард. Дар даромадгоњи пойтахт Алимадов ба ронандаи мошини боркаш супорише дода ва аспро ба он љо бурданд. Жанбековро бошад, дар як хонаи сењуљрагї љой карданд. Рўзи дигар нафаре бо супориши Алимадов ба ин љо омада, аз Жанбеков талаб кард, ки аз бањри пули боќимонда гузашта, ба ватанаш баргардад. Аммо Жанбеков розї нашуд. Сипас, љинояткор ўро бо дастбанд ба батареяи хона басту баромада рафт ва гуфт, ки дар њолати иљро нагардидани талаби онњо ў дар

9

њамин љо мемурад. Рўзи дигар одами Алимадов барои дидани њолати Жанбеков дубора ба ин љо омад ва ўро аз банд рањо карда, барои гирифтани њавои тоза ба берун баровард. Аз ин њолат истифода бурда, ќирѓиз аз дасти ў гурехта љонашро рањо намуд… Тавре ки гуфтем, Алимадов бо њамроњони худ тўли чанд соли охир боз чандин љинояти дигар содир намуда буданд, ки тафтишот њамаи онњоро мў ба мў ошкор намуд. Дар нињояти кор, Юсуф Алимадов ба муддати 15 солу 6 моњ, Шамсуллоев 12 сол ва Дилшод Мањмадалиев ба муддати 17 сол ба дорулахлоќ равона гардиданд. Нисбати љинояткорони дигар, ки њоло дар кофтукованд, ќонун љазои муносиб ба кирдорашонро раво хоњад дид. Ресмони ќонун дароз аст… Садриддин Бобоев, Прокурори Раёсати назорати ќонунї будани санадњои судї оид ба парвандањои љиноятии Прокуратураи генералї А. Њољї, рўзноманигор

Ѓофило,

бишнав навои «Шашмаќом»… «Гумон доштам, ки аз таъхир карданам барои ман дар толор љой намонда бошад, вале њайфо… ин натиљаи суст будани кори самти идеологї аст. «Шашмаќом» тараннумгари фањанги асил ва муаррификунандаи мероси пурарзиши миллат ба њисоб меравад…» иброз дошт, шањрдор дар поёни сухани табрикии хеш. Оре, таасуфи шањрдор аз сари минбар ба дили ањли толор таъсири амиќ кард ва дарккунандагони ин маънї сухани раиси шањр Абдуллозодаро ба сафњаи хотира-

шон њам сабт мекарданду њам муњри тасдиќ мегузоштанд. Ќабл аз оѓози чорабинї яке аз масъулини њукуматро аз сабаби холи будани толор суол кардем. «Дилро васеъ кунед, мешавад» љавоб дод ў, баъди чанде, ки соати муќарраршуда расид, аз М.Сангинов, ки вазифаи мудири шуъбаи идеологиро ба уњда дорад, ин посухро гирифтем. «Ин ба уњдаи мо набуд, худи Почокалонов даъватнома ташкил намуда, мардумро хабар кардаанд». Акнун хонандаи азиз, ќазоват кунед. Президент барои пос доштани асолати миллї, худшиносиву худогоњии фарзандони миллат бо

фармони худ 12-майро «Рўзи Шашмаќом» эълон кардааст. Ташкили ин чорабинї, ки агар ба соњаи идеологї дахл надошта бошад, ба кадом соња иртибот дорад? Ин магар аз фалаљ будани соњаи мазкур дарк намедињад? Мо ин камбудињоро беѓаразона ва аз роњи маќоли халќии «муъмин бародари муъмин» мегўем ва сидќан хоњиши он дорем, ки њамон тавре ки бо ростї гуфтем бо њамин ростиву дурустї бифањманд. Ногуфта намонад, ки ин танќиду эроди Раиси шањр бори аввал нест. Чунин эродњо дар дигар мавридњо њам на як бор ду бор садо дода буданд.

Ин беэътиборї нисбат ба кист? Ба миллат, ба халќ, ба Ватану диёри бостонист, ки таърихи беш аз шашњазорсола дорад? Барои пешбурди соња њисси масъулият, ки сарчашмаш имону виљдон аст, хеле зарур мебошад. Агар њамин неъмати бебањо дар вуљуди мо бошад, амалкардамон шоистаи эътирофу эњтиром мегардад. Ин нуктаро низ холисона ба муовини Раиси шањр хонума Хосият Фозилова арз намудам. Мутаассифона, он кас низ дар љавоб нолида гуфтанд, ки «кор бо мардум душвор аст». Ба андешаи мо ходимони самти идеологиро лозим аст,

ки моњияти њар љамъомадро то ба мардум расонида тавонанд. Барои ин албатта хуб истифода бурдани малакаву мањорат лозим аст. Эътимод ба он дорем, ки дар сурати анљом додани чунин корњои судманд шукуњи «Шашмаќоми Истаравшан» мисли солњои пешин боло меравад. Ѓофило, бишнав навои «Шашмаќом», К-он бувад њикмат барои хосу ом. Аз ниё мерос монда бањри мо, Инчунин савту наво, шањди калом. Р.ЗОИРДУХТ


љашнвора

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Тољикистон 11 ДАР МЕњмонии «тољикистон»

«Марзбони Ватан» забони сарњадчї аст

Дар њама давру замон њар як давлату миллат, аз љумла сарбозони он, ба иттилоот эњтиёљ доранд. Ин аст, ки барои аскарону афсарони тољик рўзномае таъсис додаанд бо номи "Марзбони Ватан" ва ин нашрия имрўзњо 6-солагии таъсисёбии хешро таљлил мекунад. Бо ифтихори љашни 20-солагии ташкилёбии Ќўшунњои сарњадии кишвар, сармуњаррири ин нашрия полковник Абдусаттор Гулањмадов бо хабарнигори њафтаномаи «Тољикистон» њамсуњбат шуда, чунин изњор дошт: –Бале, бењуда нагуфтаанд, ки "Касе, ки иттилоотро дорост, соњибмулки љањон аст". Инсоният имрўз њаќиќатан њам, њаёти худро бе васоити ахбори умум тасаввур карда наметавонад. Зеро мањз васоити ахбори умум, аз љумла рўзномаву њафтаномаву маљаллањо моро бо масъалањои мубрамтарини рўз ошно мекунанд, фазои иттилоотиро пур месозанд. Ва хушбахтона, дар ин љода сањми рўзномаи соњавии мо "Марзбони Ватан" низ боризу назаррас аст. Ин нашрия кору пайкори ватандўстони њаќиќї, ки марзу буми кишварро чун гавњараки чашм њифз менамоянд, ашхоси низомї ва ѓайринизомї, узви оилаи онњо, собиќадорони љанг ва љавонони то синни ба хизмати њарбї даъватшавандаро дар худ чун дар оина инъикос менамояд. Фармон ва фармоишњои роњбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ва Ќўшунњои сарњадии кишварро чоп намуда, њамзамон хонандаро аз њаёти дохили кишвар

ва љањон огоњ месозад, њамагонро бо хизмати сарбозоне, ки дар нуќтањои дурдасти кишварамон сарбаландона ќарзи фарзандиро иљро мекунанд, шинос менамояд. Аввалин шумораи ин нашрия бо номи "Сарњадчї" моњи январи соли 2008-ум бо ташаббуси собиќ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, генерал-полковник Хайриддин Абдурањимов фармондењи Ќўшунњои сарњадї, генераллейтенант Шералї Мирзо ва дастгирии Сардори раёсати назорати сарњадии Сарраёсати Ќўшунњои сарњадї, полковники мустафъї Абдурањмон Ѓуломов бо теъдоди 1500 нусха ба забони тољикї ва русї ба табъ расид. Аввалин сармуњаррираш капитан Муњаббат Сафарова аз раёсати корњои тарбиявї таъйин шуда буд. Баъдтар ин вазифаро сардори маркази матбуот подполковник Хушнуд Рањматуллоев бар дўш

дошт. Аз моњи январи соли 2009-ум то њол сармуњарририи ин рўзнома ба зиммаи банда вогузор шудааст. Нашрияи соњавии мо бо

дарки масъулияти баланд њаёти љамъиятию сиёсии сарњадбононро дар раванди пешравињои беназир воќеъбинона ба ќалам дода, дар

МАРЗБОН Хизмати модар - Ватан то ќарзи имони ман аст, Љоннисорї дар рањи ў амри виљдони ман аст. Мисли модар дод дар оѓўши мењраш љо маро, Пас њимоят карданаш бо ќиммати љони ман аст. Шамъи истиќлол давлатро мунаввар кардааст, Файзи истиќлол марзи умр пурзар кардааст, Шуњрату мардонагии марзбонони Ватан Душманони кишварамро хокбарсар кардааст. Марзбон бошад, ки мо осуда роњат мекунем, То сањар бедор ўву мо фароѓат мекунем. Љашну иду сурро худ кам бубинад марзбон, Рўзу шаб аз бањри онњо мо ибодат мекунем. Эй Худо, чашмони хасми мулки моро кўр кун, Пойи нањси баднињодонро зи хокаш дур кун. Аз барои њифзи сарњад, марзу буми кишварам, Марзбононро њамеша чобуку пурзўр кун.

тарѓиби њисси баланди масъулияти касбї, ифтихори ватандории фарзандони шуљои Тољикистон наќши арзанда дорад. Нашрия тавонист дар муддати кўтоњ дар инъикоси бурду бохт, фаъолияти пуршарафу масъулиятнок ва зањматталабу хатарноки марзбонони тољик хизмати арзанда намояд. Месазад, мардонавор иќрор шуд, ки дастоварду фаъолияти пурсамари нашрияи мазкур ба чандин панљсолањо баробар аст. Гумон мекунам "Марзбони Ватан" бо вуљуди он ки аслан як моњвора аст, дар фазои матбуотии кишвар љойгоњи хоси хеш ва хонандаи худро дорад. Матолиби он фарогири масоили сарњадї буда, гузоришоти љолибе аз њаёти пуризтироби марзбонон дорад. Ва хонандаро бо набзи марзњои кишвар ошно месозад, то њамагон аз зањмати хорошикани муњофизони худ ѓофил набошанд.

ТОЉИКИСТОН Ватан гўям аз оне, ки Ватан њам љисму њам љон аст, Ба њар дарди ватанпарвар Ватан дорую дармон аст. Касе, к-ў аз Ватан дур аст, бар ў ангубин шўр аст, Барои њар ватандораш Ватан як рукни имон аст . Гадои ин Ватан бошї, ба комат зањр њам шањд аст, Шавї гар шоњи бегона, ки шањдаш зањри инсон аст. Дар ин дунё ѓаму шодї њамеша њамсафар бо туст, Шарики ин ду маънї дар Ватан авлоду хешон аст. Ба мулки ѓайр ѓайри рангзардї ту нахоњї дид, Валекин дар Ватан рухсораат чун моњ рахшон аст, Њамефахрам, ки дар олам чунин зебо Ватан дорам, Кунам љонро фидои ў , ки номаш Тољикистон аст. Г.АБДУСАТТОР


минбари бањс

12 Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Озодандешї ё таассуб? андешањо пиромуни куфру имон

Куфру дин дар гирењи печу хами якдигаранд Зулмату нур чу оинаву љавхар бо њам аст. (Бедил) Миллат дар замони муосир яке аз унсурњои мењварии низоми муносибатњои байналхалќї мебошад. Бо ин маќом ва бо ин наќш миллат дорои моњияти дунявист. Бо баёни дигар, миллат ва љањонбинии миллї дар асоси принсипи дунявият њукми зарурати њаётиро гирифтааст. Бо дарназардошти масъалаи рушди соњибихтиёрї ва истиќлолияти миллї масъалаи озодандешию озодихоњии миллатњо низ бисёр муњим мебошад. Аммо озодандешї танњо ба хотири озодандешї, њатто нисбат ба дин, худ ба худ ањамият надорад. Озодандешї бояд бо масъалаи волоияти арзишњои умумимиллї (соњибихтиёрї, истиќлолият, баробарї, озодї ва ѓайра) марбут бошад. Озодандешї ва озодихоњї таърихан ва воќеан аз миллатњои муосир ва умуман аз инсон људонопазиранд. Њаёти динї низ, аз љумла амалияи исломї, хосатан таљрибаи таърихии ислом, набояд берун аз танќиди илмї бошад. Мо бояд ба дин, аз љумла ба таърихи ислом, аз мавќеи озодандешии миллї нигоњ кунем, на баръакс. Ислом, дини фаромиллї аст, аз мавќеи он миллат, арзишњои он асолати мустаќил надоранд. Аз ин љињат, ислом њељ гоњ њувияти љавњарии ягон миллат шуда наметавонад. Аз ин рў, миллати тољик дар сурати интихоби озодандешї ё таассуби динї, бояд озодандеширо дар мавриди таљрибаи динии исломї ихтиёр кунад.

«Љањонибинии оянда» Соли 2013 китобчае ба номи «Љањонбинии оянда», ки як навъ љамъбасти фаъолияти бистсолаи махфили фалсафии «Љањони андеша» аст, дар зери тањрири Комил Бекзода аз чоп баромад. Азбаски тањрири китобча ба Комил Бекзода тааллуќ дорад, баъзењо муаллифии ин андешањоро пурра ба вай нисбат додаанд. Шояд ин андешањо моли Комил Бекзода њам набошанд ва ў ба хотири риояи одоби озодии андеша ва озодии баён ба чопи онњо мухолифат накардааст. Умуман, гап дар сари он нест, ки озодандешони махфили мазкур хато гуфтаанд ва ё дуруст. Махсусан барои ман муњим озодандешии онњост. Њатто фикр мекунам, ки њамандешони аъзоёни махфили мазкур дар берун аз он низ кам нестанд. Зиёда аз ин, шояд андешањои аъзоёни «Љањони андеша» аз руњияи озодандешии ќишрњои муайяни љомеаамон маншаъ гирифтаанд ва ё кў-

шише љињати эњёи нишонае аз суннатњои озодандешї ва озодихоњии мутафаккирони гузаштаи бузурги халќамон дар мубориза бар зидди тохту тозњои сиёсї ва фикрии бегонагон бошанд. Аз ин нуќтаи назар, барои ман тааљљубовар нест, ки озодандешии мањфили «Љањони андеша», алалхусус андешањои онњо дар атрофи мавзўи њассосу бањснок, хосатан бањси онњо оид ба дину Худо, боиси њангомасозии баъзењо ва вокуниши ѓофилонаю мутаассибонаи дигарон гаштааст. Росташ, мавзўи мазкур, бањс дар атрофи он, падидаи нав нест. Аслан ва маъмулан он «мавзўи абадї» аст. Вале он њамеша љолиб ва бањсангез мебошад. Банда низ мехоњам, ки дар ин мавзўъ ва дар атрофи баъзе бањсњои љавобии марбут ба он андешаронї намоям.

Озодандешї ва ислом Ба пиндошти баъзењо, гўё имон (боварї) танњо динї мешавад. Њол он ки имони ѓайридинї, аз љумла имони илмї, низ њаст. Имони динї ин њаќиќати диниро бе бањсу муљодала ќабул ва тасдиќ кардан аст. Имони динї бањаќиќатњои динї шубњаро ќатъиян роњ намедињад. Он исботро талаб намекунад. Бар хилофи ин, имони илмїисботталаб аст. Дар он тамоми њаќиќатњо њамеша мавриди бањсу љидол мебошанд. Зеро, аз нигоњи илм, њаќиќатњои нињої вуљуд надоранд. Дар ин љо озодандешї њукми мутлаќро дорад. Дар дин бошад, ваќте ки онро нисбат ба озодандешї муќоиса мекунем, мо дигарандеширо, яъне озодандешии нисбиро, њамонро њам дар мавриди муносибати як дин ба куфр ё ба дини дигар, мебинем. Аммо њар як дин нисбати худ ягон навъ шубњаро љоиз намедонад. Шаклњои асоситарини озодфикрї инњоянд: шаккокия (скептитсизм), деизм ва атеизм. Мехоњам дар мисоли ислом шаккокия ва деизми диниро тањлил намоям. Дар ин робита атеизмро низ дахл карданиям. Чуноне ки гуфтам, озодандешї аз шак овардан, шубња кардан ба њаќќонияти ин ё он худо ва ё умуман худоњо оѓоз мешавад. Ислом шаккокияро ба ду навъ људо мекунад. Ба ибораи дигар, ислом барои мусулмонон нисбат ба худоњои дигар шак оварданро дуруст, аммо шак овардан ба Аллоњро нодуруст мењисобад. Дар ислом, аз ин љињат, шаккокия дар шакли дигарандешї танњо хусусияти инкорї дорад. Яъне шаккокия шартан њамчун инкори дигар худоњо љоиз дониста мешавад. Масалан, дар Ќуръони карим, дар мисоли шаковарии

Паёмбар Иброњим (с) ба худоњои дигар, масъала, аз лињози мазмун, чунин баён ёфтааст: Њудованд ба Паёмбар Иброњимљањонбинии тавњидиро ироа мекунад. Ва Паёмбар Иброњим, тибќи меъёрњои љањонбинии исломї, ба љањони њастї назар меандозад: Ў гоњ ситораеро ба Парвардигорї мехонад, гоњ моњ ва гоњ офтобро. (6:76-80) Ислом чунин шаккокияро маќбул мењисобад. Зеро, тибќи Ќуръон, мањз чунин шаковарї Паёмбар Иброњимро ба тавњид расонида аст. Шаккокияи мутлаќ ба атеизм тааллуќ дорад. Дар мисоли дигарандешии мушрикин нисбат ба Аллоњ деизмро низ тањлил кардан мумкин аст. Тибќи ин шакли озодфикрї, Аллоњ њамчун офаридгор эътироф карда мешавад. Вале дар деизм рубубияти Худо, агар даќиќтар баён кунем, дахолати Худо ба олам ва њаёт, имконнопазир аст. Инкишофи деизм, аз як тараф ба теизм (худомењварї) ва аз тарафи дигар, ба атеизм (инсонмењварї) оварда мерасонад. Атеизм, дар навбати худ, ба навъњо људо мешавад: атеизми љанговар, ки тибќи он, Худо ва дин комилан инкор ва дур кардани он аз њаёти љамъиятї вазифаи љонии инсон дониста мешавад. Навъи дигари он атеизми иљобї аст. Њадафи асосии он бевосита инкори Худо ва дин набуда, балки тасдиќи инсон аст. Он диндорї ва динро ба моњияти бегонашудаи инсон марбут сохта, динро инъикоси тањрифшудаи моњияти тањрифшудаи инсон мешуморад. Аммо ин мавзўи тањлили људогона аст. Масъалаи асосї дар сари таносуби дин ва озодандешї аст. Тавре ки гуфтем, дин дар зоти худ шакнопазир аст. Озодандешї бошад - комилан шакпазир. Масъала боз њам мураккабтар мегардад, агар доираи нуфузи имони динї васеъ гардад. Банда динисозии сиёсатро дар назар дорам. Масалан, дар дини ислом, андешањои сиёсии «хилофат», «имомат» ва ѓ. баробари характери амалї пайдо кардан, ба худ шакли ќадосати диниро гирифта, ба хусусиятњои људогонаи эътиќодї табдил ёфтаанд. Акнун барои пайравонашон шак овардан ба андешањои «хилофат» ё «имомат» куфр ё ширк дониста мешавад. Њатто имрўзњо низ даъвоњо ва даъватњои сиёсии бозгашт ба гузашта љињати эњё ва татбиќи андешањои мазкур дар худ хусусияти эътиќодї доранд. Бо чунин динисозии сиёсат на танњо дин, балки сиёсат низ берун аз танќид ќарор мегирад. Динисозии дигар соњањои њаёти љамъиятї низ чунин оќибатро хоњад дошт. Дар натиља барои озодандешї комилан љой намемонад ва тафаккури илмї,

чароѓи андешаи инсонї хомўш карда мешавад. Дар чунин сурат, эњёи атеизми љанговар аксуламали табиї ва зарурати њаётии љомеа мегардад. Илова бар ин, мехоњам ба як нукта таъкид намоям. Таърихан, масъалаи ќабул ё инкори андешаи динї, аз љумла андешаи тавњиди исломї, дар нињояти амр, бо масъалаи ташаккул ва рушди умумиятњои этно-таърихии одамон (авлод, ќабила, халќ, миллат ва ѓ.) сахт марбут аст. Омўзиши ташаккулёбии андешаи тавњиди исломї нишон медињад, ки ислом низ бо масъалањои этносиёсї пайваст мебошад ва дар он њуќуќи маънавии интихоби озоди намояндагони ќавму халќњо љињати ќабул ё инкор кардани андешаи мазкур муќаррар гаштааст. Дар њамин асос ислом интихоби имон ва куфрро ихтиёрї дониста, усулан озодии диёнат (диндорї) ва бединиро принсип ва арзиши олии ахлоќї њисобидаст. Њамин тариќ, ислом дар масъалаи муносибат ба дин ва куфр инсонро озод эълон менамояд. Ба таъбири дигар, инсон дар интихоб ва ё инкори андешаи тавњидии исломї озод аст. Дар сураи Кањф, ояти 29 чунин омадааст: «Ва бигў: њаќ аз парвардигоратон расидааст, пас њар кї бихоњад, ќабул кунад ва њар кї бихоњад, инкор кунад. Мо барои ситамгарон (золимон) оташе омода кардаем, ки саропардааш ононро аз њар сў ињота кардааст». Асли матлаб дар он аст, ки мушрикини Макка ба даъвати Паёмбар (с) мухолафат варзида, садди роњи ќабули андешаи тавњиди исломї шуданд. Барои онњо, чи хориљ шудан аз динњои пешинаи бутпарастї ва чи пазируфтани дини нав, љинояти сахттарин њисобида мешуд. Дар он замон андешаи бутпарастї рамзи вањдат ва ризоияту истиќлолияти ќабилавї, шарти баќои низоми љамъиятии ваќт буд. Ин омилро низ нодида гирифтан хато аст. Бо вуљуди ин, шароити нави таърихї талабот, тартибот ва принсипњои худро пеш мегузошт. Дар љомеаи арабии он замон масъалаи ташаккули давлатдории нав актуалї гашт буд. Аммо инро њар кас дарк карда наметавонист. Дар ин робита, ба хотири исботи њаќиќати таърихї мехоњам як нуктаро мавриди таваљљўњ ќарор дињам. Дар сарчашмањои динї-таърихї њодисаи бисёр љолибе аз њаёти Паёмбари ислом (с) ривоят мешавад: «Боре пешвоёни мушрики ќабилаи Ќурайш ба назди амаки Паёмбари ислом Абўтолиб омада, аз Паёмбар дар бораи он, ки ў худоён ва аљдоди онњоро дашном медињад ва суннати бобоёнро тањќир мекунад, шикоят мекунанд. Абўто-

либ аз Паёмбар иллати шикояти онњоро мепурсад. Паёмбар дар љавоб мегўяд, ки ман онњоро љуз ба гуфтани як калимаи «ло илоња иллаллоњ» намехонам, ки бо он њамаи арабњо ба Ќурайш тобеъ ва тамоми аљам ба онњо љизя хоњанд супорид» (Кит. Њаёт-уссањоба,љ.1 сањ.46) Дар ривояти дигар, Паёмбар ба мушрикони ќавми худ мегўяд: «як калима, то бигўед ло илоња иллаллоњ ва бар андозед он чиро ки мепарастидед. Агар ин калимаро ќабул кунед, бо он шумо бар тамоми арабњо њукмфармо мешавед ва аљам ба шумо итоат хоњанд кард» (Кит. Ал-бидоя ва-н-нињоя, љилди 3, сањ.143)». Вале ќавми Паёмбар бо тааљљуб аз ин андешаи Паёмбар изњори нигаронї мекунанд. Дар мавриди тааљљуби онњо Ќуръони карим низ гуфтааст: «Оё ў ба љои ин њама худоён Худои ягонае ќарор дода аст? Ин ба ростї, чизи аљиб аст!» (38,5). Банда аз ин ривояти овардашуда ягон хел хулосаи ќатъї ва нињої бароварданї нестам. Зимнан, дар тавњиди исломї њељ гуна ирќгароии мутлаќи арабиро дар назар надорам. Исломро ягон ќавм, ягон фирќа, ягон њизб, ягон мулло ва ягон шахс монополияи худ карда наметавонад. Аммо масъалаи озодии диндориро, ки дар ислом бо масъалаи эљоди давлатдории миллїарабї зиљ алоќаманд буд, њељ гоњ аз назар дур гирифтан лозим нест. Дар нињоят, байни космополитизми исломї њамчун падидаи динї ва шовинизми сиёсии имперотурии арабї, ки зери пўшиши њамин космополитизми динї пешравї карду тавсиа ёфт, бояд фарќгузорї кард. Таљрибаи таърихї низ собит месозад, ки космополитизми исломї њамчун ниќоби идеологї бештар ба давлатдорињои истеъмории ирќгаро алоќаи зиљ доштааст. Зиёда аз он, вобаста ба масъалаи заминасозии давлатдории арабї-исломї љараёни њодисањо дар охири њаёти Паёмбар, хосатан баъд аз вафоти ў, тадриљан шакли мањдуди сиёсиро гирифт ва масъалаи озодандешї ва озодии диёнат низ ба таври дигар матрањ гашт.Барои мисол, асли таќвои динї («инна акрамакум ъиндаллоњи атќокун»- «гиромитарини Шумо назди Худованд парњегортарини Шумо аст») (49:13) масъалаи сирф ахлоќї боќї монда, дар давлатдории арабии исломї андешаи динїахлоќї (тибќи њадиси Паёмбар «ал-аиммату мин Ќурайшин» («имомон аз Ќурайшанд») ба принсипи сиёсии њукмрон табдил ёфт. Дар нињоят, масъалањои «хилофат» ва «имомат», ихтилофоти сиёсї дар заминаи фарќиятњои усулї-аќидатии онњо, сарчашмаи асосии фирќагарої ва њизбгароии номашрўъ дар ислом шуд.


минбари бањс

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

гузор на андешањои онњоро), ки онро Худо иноят фармудааст, дифоъ мекардед, саъю талош меварзидед. Ягон мусулмон њаќ надорад, ки нисбати дигарон, хосатан озодандешон, зулму ситам намояд. Дар чунин сурат, тибќи ояти зикршудаи Ќуръони карим (18:29), ў низ золиму ситамгор хонда мешавад. Аз ин лињоз, љавоби банда ба суоли мазкур чунин аст: атеизми љанговар ва дар айни замон диндории сиёсатзадаи мутаассибона ва ё ба истилоњ исломи љанговар, дар њаќиќат ягон хел ояндаи нек надоранд. Зеро дар ин шакл њар ду ба як вазифа тобеъ мешаванд ва он дар нињоят вазифаи нобудсозии инсон ва дар аввал нобудсозии њам дину њам озодандешї мебошад.

Муродулло Давлатов Масъалаи озодии диёнат низ мураккаб шуд. Исломе, ки ибтидоан муборизаро барои озодии диёнат оѓоз намуда буд, бо гузашти замон ва бо шаклгирии давлатдории нав онро, яъне муборизаро бо озодии диёнат, ба хотири њадафњои сиёсї (на динї) «хатм» намуд.

Шубњањо дар атрофи андешањои «Љањони андеша» Дар китобчаи «Љањонбинии оянда» барои ман ду матлаби љолиб вуљуд доранд, ки дар мањфили мазкур мавриди мубоњиса ва муњокимаронї ќарор гирифтаанд. «Љањони андеша» њукм фармудааст, ки «Худо ќањрамони асосии афсонањои динии мост. Мо, одамон, Худоро ихтироъ кардаем». Аввал ин ки баёни њукми мазкур, дар доираи озодандешї, мантиќан љоиз аст. Вале эњтимоли зиёд аст, ки ањли бањс тахассуси хуби диншиносї надоштаанд. Бо ин сабаб онњо ба масъала сирф аз нуќтаи назари гносеологї (маърифатї) наздик шуда, љанбањои онтологї (њастишиносї) ва аксиологи (арзишшиноси)-и онро комилан ба назар нагирифтаанд. Њатто, аз нуќтаи назари атеизми илмї, «Худо» андеша ва ё мафњуми пуч нест. Дар ин андеша, тавре ки ќайд карда будем, њаёти ољизона ва тањрифшудаи инсон мањз дар шакли шуури тањрифшуда инъикос ёфтааст. Атеизм њалли нињоии масъаларо на дар гносеология, балки дар онтология мебинад. Ба таъбири дигар, маќсад аз атеизм, хосатан тибќи андешаи К. Маркс, ин бевосита танќиди дин, баланд бардоштани парчами бехудої нест. К. Маркс дар ин маврид сароњатан эълон менамояд, ки моњияти атеизм на дар танќид ба хотири танќид, балки дар «танќиди осмон (Худо) ба маънои танќиди замин, дар танќиди дин ба маънои танќиди њуќуќ ва дар танќиди теология ба маънои танќиди сиёсат ифода меёбад». Мутаассифона, «Љањони андеша» озодандеширо яктарафа дидааст ва онро дар нигилизми соддалавњона нисбат ба дин ху-

Тољикистон 13

лоса кардааст. Гуфтагї барин, дар ислом низ нигилизми ба худ хос вуљуд дорад. Гап дар сари он аст, ки дар андешаи тавњидии «лоилоња иллаллоњ» ѓайр аз Аллоњ дигар тамоми худоњо ботил, пуч, холї аз маънї дониста шуда, ба мафњуми махсуси калима, онњо худоњои бофтаву сохта, ихтироъкардаи худи одамон дониста мешаванд. Ќуръони карим мефармояд: «Гуфт: чизеро мепарастед, ки бо дасти худ метарошед (месозед)» (37:95). Дар мавриди дигар низ дар Ќуръон омадааст: «Ин маъбудњое (худоњое), ки ѓайр аз Аллоњ мепарастед, чизе љуз номњои (бемусаммо), ки шумо ва падаронатон онњоро номидаед, нестанд (12:40; 53:23)». Чи тавре ки мебинем, «худосозї» ё «худоофаринї» ба таърихи инсон, њаёти маънавии он хос аст ва ислом низ ин хусусияти шуур ва амали инсонро пурра истисно накардааст. Аъзоёни мањфили «Љањони андеша» бошанд метавон гуфт, ки дар ин маврид дар андешаронии худ танњо дар таъмими (умумисозии) андешаи худосозии инсон зиёдаравї намудаанд. Вале, дар асоси он ки ин андешамандон дар номњои зоти аќдаси Аллоњ сароњатан илњод наварзидаанд (7:180) ва ба ибораи дигар, ба номи муќаддаси Аллоњ тааддї накардаанд, наметавон гуфт, ки онњо нисбат ба асли озодии диёнати исломї таљовуз ва беэњтиромї нисбат ба њиссиётњои динии мардум намудаанд. Аз ин рў, тибќи фарњанг ва одоби диндории исломї, ба љоњилї ва аблањї муттањам кардани аъзоёни мањфил аз љониби Мањмуд Тўраљонзода беэњтиромии комил нисбат ба «озодии диёнат» дар ислом мебошад. Матлаби дигаре, ки дар бањси ањли «Љањони андеша» диќќатро љалб менамояд, њукми онњо дар бобати ояндаи дин аст. Ба саволе, ки оё дин оянда дорад, ањли мањфил љавоб додаанд: «Не, дин оянда надорад. Чаро ки як умед ва орзуи бепоя аст». Дар ин бобат љавоби банда дигар аст. Дар замони атеизми шўравї чунин андешае вуљуд дошт, ки тибќи он, дин њамчун хурофот миранда ва бебаќо дониста мешуд. Ин даъвои атеизми сиёсии

љанговар буд. На атеизм њамчун шакли љањонбинї. Ба ин сифат атеизм низ бо атеизми љанговар мутлаќо мухолиф аст. Ба назари банда атеизм ва дин то ваќте ки инсон њаст, баќо доранд, њар ду доимо њамсафари њаёт ва ба ќавли њазрати Бедил, оинањои (инъикоси) љавњари ягонаи инсонанд. Бояд гуфт, ки дин њам шакли љањонбинї аст, илму фалсафа низ. Аммо дидгоњњо ва маќсадњои назариявї ва амалии онњо аз якдигар фарќ мекунанд. Маќсади нињоии диндорї ибодати Худо аст. Албатта, донишњои динї низ вуљуд доранд. Вале онњо ба маќсади ибодати Худо тобеъ мебошанд ва ба мафњуми муосири калима, донишњои илмї њисобида намешаванд. Маќсади илму фалсафа пеш аз њама ва асосан љустуљўи њаќиќат аст. Аммо пас аз њаќиќатро дарёфт кардан боз шубња намудан ба он ва аз нав ба љустуљўи пањлўњои дигари њаќиќат машѓул шудан хусусияти људонопазири илму фалсафа мебошад. Оѓои Мањмуд Тўраљонзода мегўяд, ки «далелу омилњои (?) мављуда» кофї мебошанд ва ба исботи Худо машѓул шудан, ин ба монанди «дар рўзи равшан бо чароѓ љустани офтоб њамоќату нодонист». Оѓои муњтарам, ин сухани Шумо аз назари дину имондорї низ дуруст нест. Муъмин барои он муъмин аст, ки ба далел эњтиёљ надорад. Аммо илм аз дин бо он фарќ мекунад, ки агар илм (озодандешї) офтобро њам бинад, вале пушт ба он карда, сарчашмаи нури онро боз њам мељўяд. Такрор мекунам, ки илм ба воситаи шубња кардан тараќќї мекунад, љило меёбад. Он чи ки барои Шумо њамоќат менамояд, барои илм рисолат аст. Шумо, оѓои Мањмуд Тўраљонзода, аз Комил Бекзода бо њамин хусусияти динии љањонбинии худ фарќ мекунед. Аз ин љињат, ба њаќиќатњои илмї ва фалсафї аз нуќтаи назари дин ва имондорї бањо додани Шумо низ нишонаи хирадмандї нест. Дар ин робита гуфтан ба маврид аст, ки Шумо, оѓои Мањмуд Тураљонзода, аз рўи эњтиром ба асли озодии диёнат ва озодандешї дар ислом, бояд аз њуќуќи мањфили «Љањони андеша» (би-

Исломизми љанговар Усулан вањдати инсонї ва хосатан вањдати миллї танњо дар асоси дин ва ё танњо дар асоси атеизм имконнопазир аст. Зеро агар њар ду тобеъ ба аслу мабдаи ягонаи олитар набошанд ва њар кадом худро асл ва арзиши олї њисоб кунад, њељ ваќт ба инсон, миллат вањдати асил муяссар намегардад. Атеизми љанговари замони шўравиро мо наѓз медонем. Он њамчун љузъи идеологияи коммунистї, мутаассифона, характери сиёсї гирифта буд. Сабаби асосї дар он буд, ки ќаблтар дин характери сиёсї дошт ва атеизми сиёсї аксуламал ба ин падида буд. Имрўзњо низ динисозии сиёсат дар нињоят боз ба эњёи атеизми љанговар хоњад бурд. Ба назари банда, исломизми љанговар низ дар моњияти худ аз атеизми љанговар фарќи љиддї надорад. Ба ибораи дигар, ифроду тафрит дорои як маъно мебошанд. Ман дар айни њол байни ислом ва исломизм (исломгарої) фосила ќоилам ва онњоро аз якдигар људо мењисобам. Дар ислом дин њадаф аст. Аммо дар исломизми љанговар дин восита ва сиёсат њадаф мебошад. Аз ин нуќтаи назар, њаёт нишон дода истодааст, ки њатто давлатњои абарќудрати ѓайридинї ва ё ѓайриисломї (масалан Амрико) метавонанд динро (исломро) восита ќарор дињанд. Мо оќибатњои бозињои сиёсии абарќудратњоро бо истифода аз дини ислом дар кишварњои исломї, аз љумла дар Тољикистони азизамон, хуб медонем. Исломизми љанговар, дар навбати худ, дар такя ва якљоягї бо чунин нерўњои бузург метавонад љанговартар ва харобиовартар шавад. Ин як аломати исломизми љанговар аст. Аломати дигари исломизми љанговар ин хусусияти такфирии он мебошад. Зеро, аз рўи чунин мантиќи бо-

тил, барои бо мусулмонони худ љангидан, бояд як ќисми онњоро кофир эълон намуд. Яъне «ал-ѓоя тубарриру-л-василата» (маќсад василаро ќобили гузашт месозад). Мутаассифона, чунин принсипи исломизми љанговар, яъне такфири мўъмин (на такфири кофир) љангро ба масъалаи дохилиисломї табдил дода аст. Дар ин асос исломизми такфириро низ исломизми љанговар гуфтан мумкин аст. Исломизми љанговар решањои таърихии динї-идеологї низ дорад. Аввал ин ки такфир падидаи нав нест. Сониян, маншаъњои ѓоявии он ба тазодњои фирќавї-сиёсї ва ихтилофоти каломї-идеологї рафта мерасад. Дар таърих равияњо ва њаракатњои исломии такфирии шаклан ва мазмунан салафигаро зиёд будаанд. Бозгашти исломи сиёсии муосир ба андешањои такфирии замонњои гузашта њамчун бозгашт ба «исломи асил» як хусусияти дигари исломизми љанговар мебошад. Дар робита бо ин мавзўъ метавон гуфт, ки фалсафаи исломї, файласуфон, хосатан мутафаккирони озодандеши тољик, аз чунин андешањо ва равияњои такфирї осебњои зиёд диданд. Аз ин рў, падидаи такфирро нисбат ба озодандешї шамшери маънавии исломизми љанговар номидан мумкин аст. Ба таъбири дигар, такфир инквизицияи маънавї дар олами ислом буд ва алњол беш аз пеш ќувват гирифта истодааст. Зеро такфир бо сиёсати калон пайванд хўрдааст ва ба инквизицияи сиёсї табдил ёфта истодааст. Дар мавриди ин матлаб метавон илова намуд, ки исломизми такфирї озодандеширо дар дохили уммати исломї мутлаќо нољоиз, мардуд ва номашрўъ мешуморад. Имрўзњо бошад, исломизми љанговар мехоњад таассуби такфириро эњё намояд ва ба он маќоми сиёсї дињад. Дар мисоли таассуби озодоситезии такфирї нисбат ба мањфили «Љањони андеша» банда нуктаи зеринро илова карданиам. Оѓои Мањмуд Тураљонзода дуруст таъкид фармудаанд, ки набояд дастовардњои уламои гузаштаро нодида гирифт. Аммо ин оѓои муњтарам чиро дар назар дошта бошад? Дар њаќиќат, мо бояд он дастовардњоро омўзем ва истифода барем. Акси он имкон надорад. Њарчанд халќњои мусулмон, хосатан халќи тољик, набояд ин имкониятњои озодандешї ва озодихоњии таърихиро аз даст медоданд. Айби мусулмонии мо ва тољик будани мо дар он аст, ки мероси озодандешии гузаштагони худро људо аз ниёзњои озодихоњии халќи бузурги худ омўхтаем ва тањлил намудаем. (Давомаш дар сањ.15)

НАЗАРИ ДИГАР ДОРЕД? НАВИСЕД, ЧОП МЕКУНЕМ! tojikiston@pressa.tj, tojikiston-1992@mail.ru Телефон барои тамос: 238-54-51


њуќуќ

14 Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Об аз сар гузарад…

Конститутсия мањдудкунанда аст аммо дар кадом њолат?

Эълон доштани бунёди давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, яке аз нишонаи асосии чунин давлат арзиши олї эътироф гардидани инсон ва њуќуќу озодињои он мебошад. Аз ин рў, маќомоти дахлдори давлатї вазифадоранд, ки бо маќсади њифз, риоя ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини волоияти ќонун, тањкими ќонуният ва тартиботи њуќуќї дар љомеа, тадбирњои судманд андешанд. Конститутсия муайянкунандаи вазъи њуќуќии инсон буда, аз ин рў таъмини онро кафолат медињад ва он ќабл аз њама дар муќаррар намудани њудуди салоњияти рукнњои давлат ифода меёбад. Дар Конститутсия чунин омадааст: «Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд». Њамзамон бо ин Конститутсия доираи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро муќаррар намуда, њангоми зарурати ќонунї мањдуд кардани онњоро низ пешбинї мекунад. Бо дарназардошти ин амри умумипазируфташуда Конститутсияи Тољикистон чунин муќаррар мекунад: «Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститут-

сионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионї татбиќи амалии худро дар фаъолияти њаррўзаи маќомоти судї пайдо мекунад, ки тибќи Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи кишвар мањз маќомоти судї дорои ин ваколат аст. Маќомоти судњо дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Конститутсионии Љумњурии Тољикистон, асноди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, фармонњо ва амрњои Президенти Љумњурии Тољикистон, инчунин, ќарорњо ва фармонњои Њукумати Љумњурии Тољикистонро ба роњбарї мегиранд. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон тахти №271 аз 23 июни соли 2007 барномаи ислоњоти судїњуќуќї, тасдиќ гардидааст, ки дар такмили ќонунњои амалкунанда, ќабули кодексу ќонунњои нав, ташкили сохторњои нави судї ба монанди коллегияњои маъмурї ва оилавї, амалї намудани дигар чорабинињои соњавї ва нињоят дар тањкиму таќвияти њокимияти судї наќши назаррас касб намудааст. Бинобар ин, идома додани ислоњоти судї- њуќуќї талаби замон мебошад. Конститутсияи Тољикистон дар радифи дигар рукнњои њокимияти давлатї, мавќеъ ва салоњияту ваколатњои њокимияти судиро муќаррар намуда, самтњои рушду такомули онро муайян кардааст. Албатта, дар роњи ислоњоти судию њуќуќї њоло њам масъалањое њастанд, ки бояд дар доираи Барномаи нави ислоњоти судию њуќуќї њаллу фасл карда шаванд. Љашни бистсолагии Кон-

ститутсия боз як фурсати мувофиќе аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимоии худ мулоњиза ронем. Дар ин роњ Конститутсияи давлати озоду соњибистиќлоламон роњбаладу роњнамої мост. Зеро Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва љавобгўйи ормону орзуи халќи Тољикистон аст. Муњимтар аз њама, Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол имконият дод, то ба сафи давлатњои демократии љањони муосир ворид шавем ва њамчун субъекти комилњуќуќи муносибатњои байналмилалї эътироф гардем. Конститутсия–маќоми баланди њуќуќї дошта, њељ як санади њуќуќии дигар наметавонад, ки мухолифи он бошад ва агар дошта бошад, эътибори њуќуќї дошта наметавонад. Баъди Конститутсия – Ќонунњои конститутсионї амал мекунанд, ки онњо айни замон зиёда аз 20 то буда, масъалањои гуногуни фаъолияти маќомотњои гуногунро ба танзим медароранд, ки онњо низ дар Ќонуни асосї номбар шудаанд ва хилофи он набуда, масъалањои гуногунро ба монанди ташкил ва таѓйир додани воњидњои марзию маъмурї, масъалањои шањрвандї, вазъи фавќуллода, Маљлиси Олї, тартиби интихоботи аъзоёни Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон, тартиби интихоботи Президент, фаъолият ва салоњияти Њукумат ва њокимияти давлатї дар мањалњо, тартиби фаъолияти судњо, адвокатура, маќомоти прокуратура, райъпурсї ва дигар муносибатњои заруриро ба танзим медароранд. Сайдалї Рањмонов, полковники адлия, раиси суди њарбии гарнизони Душанбе

…Ширинбек њељ андешае дар сар надошт, ки барои ин миќдори ками маводи мухаддир ба паси панљара меравад. Ў гумон дошт (ё медонисту худро ба нофањмї мезад), ки чизи кам, кам аст ва барои ин суд намекунанд.

Бинобар ин, дар бозори «Саховат»-и Кўлоб аз Нуралї ном фурўшандаи героин њамагї б�� 20 сомонї як миќдор героин харида, бо дили пур ба тарафи Душанбе рањсупор шуд. Мехост баъдтар аз ин хариди худ «кайф» кунад. Аммо кораш омад накард ва худи њамон рўз ваќте, ки ба пойтахт расид, дар назди маѓозаи «Суѓдиён» бо рафтори шубњанокаш диќќати кормандони милисаи ноњияи Фирдавсиро ба худ љалб кард. Ўро ба ШКДи ноњиявї оварданд. Пас аз кофтукови Ширинбек маълум шуд, ки миќдори героине, ки ў бо худ доштааст, ќариб як грамм будааст. …Суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе дар ваќти баровардани њукми худ нисбат ба Ширинбек Њакимов чанд нуктаро ба њисоб гирифт, ки аввалан ў оиладор ва соњиби фарзанд асту аз кардааш

сидќан пушаймон. Ѓайр аз ин, маќсади ў фурўши ин миќдор героин набуд ва танњо мехост онро истеъмол кунад. Яъне Ширинбек гирифтори бемории нашъамандї аст ва ўро бояд табобат кард. Суд дар асоси моддаи 201,ќ. 1Кодекси љиноятї амал карда, кўшиш намуд. ки бо назардошти њолатњои дар боло овардашуда ва хислатномаи мусбї ба Њакимов љазои сабуктарро раво бинад. Зеро дар ин модда ба ѓайр аз њукми њабс љарима низ пешбинї шудааст. Аммо азбаски Ширинбек дар њељ куљо кор намекард ва имконияти додани љаримаро надошт, суд бо њукми худ ўро ба муддати як сол аз озодї мањрум намуд, ки ин љазоро ў дар муассисаи дорои низоми умумї сипарї менамояд. Мегўянд, ки «об аз сар гузарад, чї як ваљабу чї сад ваљаб». Яъне ќонун гардиши ѓайриќонунии маводи мухадирро манъ кардааст, пас набояд ба ин кор машѓул шуд. Вагарна, як миќдори ками он њам метавонад касро ба паси панљара барад… Н.Садирзода, раиси суди н. Фирдавсии ш.Душанбе Н.Њакимова, котиби маљлиси судї

Сипоснома

Ман аз суд миннатдорам! Дар истењсолоти суди ноњияи Синои шањри Душанбе аризаи даъвогии даъвогар Саидов Сафаралї (писари ман) нисбати љавобгарии Зойиров оиди рўёнидани зарари моддї ва маънавї ва аризаи даъвогии муќобили даъвои љавобгар Зойиров Р. нисбати љавобгарии муассисаи тафтишотии №1 ва муассисаи мањкамаи №1 шањри Душанбе оиди рўёнидани зарари маънавї ва аризаи муќобили даъвои Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон нисбати љавобгарии Зойиров оиди рўёнидани зарари маънавї ќарор дошт. Ин аризањо мавриди баррасї ќарор гирифта, бо њалномаи суд дар таърихи 14 майи соли 2014 даъвои мо ќисман ќонеъ карда шуд. Тарзи баррасии парванда, саволу љавобњое, ки раискунанда Музафарова М. мекард, аз он шањодат медоданд, ки

дар арсаи низоми судї дар њаќиќат судяњои љавоне њастанд, ки тамоми ќуввату идроки худро фаќат барои тантанаи адолату ќонун ва бењбудии љомеъа равона менамоянд. Аз ин рў ман хело хушнуд буда, аз њафтаномаи «Тољикистон» хоњиш менамоям, ки минатдории маро ба судияи љавон Музаффарова М. ва низоми судї расонед. Ман ба корњои минбаъдаи он кас бурдборињо таманно дорам. Саидова Савлат, сокини н. Мир Саид Алии Њамадонї

P.S. Ваќте ки ин нома дастраси мо гардид, иттилоъ дода шуд, ки Рањматилло Зоиров нисбати ќарори суди номбаршуда, ба зинаи болої шикоят бурдааст.

Масъули Масъулисањифа сањифаИззатбек ИззатбекИдиев. Идиев.Мо Моинтизори интизоримавод маводва вапешнињодоти пешнињодотишумоем! шумоем! E-mail: E-mail:izzatbek@pressa.tj izzatbek@pressa.tj••Шўъбаи Шуъбаиреклама: реклама:saodat@pressa.tj saodat@pressa.tj••Тел: Тел:(44) (44)601-35-95 601-35-95


мавлуднома

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Озодандешї ё таассуб? (Аввалаш дар сањ.12-13) Барои њамин њам ба ќадри озодандешии гузаштагони худ ба таври бояду шояд нарасида истодаем. Таќдири мутафаккири исломии тољик Абўалї Ибни Сино шањодати барљаста, далели ќотеъ ва ќобили ибрат аст. Оѓои Мањмуд Тўраљонзода зимни сухбати худ дар атрофи андешањои «Љањони андеша» дастовардњои ин нобиѓаи замон Шайхурраисро хотиррасон намуданд. Аммо шахсан барои банда бисёр аљиб ва донистанї аст, ки ин оѓои муњтарам нисбат ба андешањои фалсафии Ибни Сино, хосатан дар мавриди ќидами (азалияти) олам, инкори растохези аљсоди мурдагон ва ё инкори илмуллоњ оид ба љузъиёт ва ѓайра чї мегуфта бошад? Чунки ин бузургмардро ва дањњо дигар мутафаккирони бузурги миллати тољикро ба љурми чунин озодандешињояшон кофир эълон карда буданд. Оѓои Мањмуд Тураљонзода бояд таърихи исломро дар ёд дошта бошад, ки ин корро нисбат ба Ибни Сино Абуњомид Ѓаззолї ва бо даъвати ў баъзе фирќањои дигари исломї раво дидаанд. На танњо Ибни Синоро, балки ал-Форобї, ал-Киндї, ар-Розї, ибни Њайсам ва бисёр дигаронро низ. Бояд гуфт, ки баёни андешањои фалсафии Ибни Сино моњиятан аз андешањои мањфили «Љањони андеша», ки оѓои Мањмуд Тураљонзода Комил Бекзодаро дар ин маврид таљњил ва табњил (љоњилу аблањ хондааст) кардааст ва ё Ќосимї ба муртад хондан ва такфир кардани ў даъват ба амал овардааст, фарќе надорад. Агар фарќе бошад, танњо дар он аст, ки андешањои мањфили «Љањони андеша», аз назари баён, соддалавњонатар, вале андешањои Ибни Сино ошкортар, равшантар ва ќотеъонатар мебошанд. Ва ё агар фарќи дигаре бошад, танњо дар он аст, ки мо дар давлати дунявї зиндагї карда истодаем ва озодандешї дар њимояи ќонун аст ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон такфирро (ба муртад гунањгор карданро) мамнўъ мењисобад ва он тибќи ќонун љавобгарї дорад. Инчунин гап дар сари он аст, ки ал-Ѓаззолии тољик Ибни Синои тољикро такфир карда буд ва анъанаи такфириро ба олами фалсафа ворид сохт ва пеши роњи озодандешию озодихоњии файласуфони бузурги тољикро гирифт. Гап дар он аст, ки низоми сиёсии он замон, ки дар дасти ќавмњои бегона буд, дар озодандешии ин мутафаккирон, ки идома ва рушди он метавонист

ба нањзати озодихоњии сиёсїмиллии тољикон бирасонад, хатари љиддї медид. Гап дар сари тазоди озодандешию сиёсати тоталитарии зиддиточикии он замон буд. Њатто имрўзњо низ, мутаассифона, тамоюли озодиситезї ва фалсафаситезии динї ба фарњанги муосири тољик, њатто ба баъзе муассисањои марбути илмї, роњ ёфта истодааст. Аљибии кор дар он аст, ки худи ал-Ѓаззолиро низ дар нињоят такфир карданд. Њатто Ибни Таймияро, ки пири такфириён њисобида мешавад ва Ибни Синову дигаронро такфир карда буд, дар охир худашро такфир карданд. Масали арабї њаст, ки «касе барои бародараш чоњ меканад, худаш ба он меафтад». Зеро, тибќи мазмуни њадиси Паёмбар, кофиргў метавонад худаш кофир шавад, яъне ба чоњи куфри кандааш худаш биафтад. Такфириёни имрўза бояд аз таќдири такфириёни гузашта сабаќ гиранд ва аз он хулосаи даркорї бароранд. Имрўзњо чї? Оё ал-Ѓаззолиро њамчун мутафаккири бузург танњо аз њамин љињат бишносем? Оё бояд бедории динии мардум бар њамин асли такфир сурат гирад? Магар андешаи нањзати исломї бояд маънои эњёи суннатњои такфирии таърихи исломро дошта бошад? Дар Тољикистон њизби сиёсие бо номи Њизби нањзати исломии Тољикистон фаъолият мекунад. Мебинем, ки дар номи ин њизб андешаи «нањзати исломї» маќоми калидї дорад. Ин њизби сиёсї аст. Маълум. Аммо то њол, аз лињози сиёсї, номаълум аст, ки њам дар ном ва њам дар барномаи сиёсии њизби мазкур андешаи «нањзати исломї» кадом мафњум ва маъноро доро аст! «Озодандешињои» роњбарияти ЊНИТ-ро дида истода фикр мекунам, ки барои ин њизб андешаи «нањзати исломї» маънои эњёи исломисозии теократияи асримиёнагии Аврупоро дар олами ислом ва ё ба «калисои сиёсї» табдил додани ЊНИТро ифода менамояд. Аммо ин мавзўи бањси алоњида аст. Дар њар сурат, Худованд фармудааст, ки бањсу баён бо љониби мухолиф бояд бар мабдаи (принсипи) «љодилњум биллати њия ањсан»- «бо онон бо шевае, ки некўтар аст, муљодала намой» (Ќуръони карим: 16:125) ќарор дошта бошад. Канї «андешањои ањсан»-и Шумо, бародарони нањзатї? Љомеаи Тољикистон мунтазири донистан аст. Барои њайратовар будан таъкид менамоям, ки оѓои Кабирї дар атрофи андешањои мањфили «Љањони андеша» муњокимаронї намуда, на бењтар, балки

сухани бадтарро баён намудааст. Ба ибораи дигар, дар «озодандешї» зиёдаравї кардааст. Ў аз љумла мегўяд: «Бо Худованд бањс кардан осонтар аст, ба Ў эътироз кардан бехатар мебошад». Банда нуктагирї карданї нестам. Аммо њар як сухан дар бораи Худо бояд санљида гуфта шавад. Кабирї мегўяд: «ба Ў (Худо) эътироз кардан бехатар аст». Оѓои Кабирї! Ин сухани Шумо аз аќидаи ањли ал-Мурљиа, ки ба хотири замонасозии сиёсї ба тафрит ва сањлангории динї даст задаанд, маншаъ гирифтааст ва ба гуфтањои Ќуръони карим, сураи 3, оятњои 28 ва 102 комилан мухолиф мебошад. Фаромўш накунед, ки Худованд тањзир фармудааст: «Инсон њељ сухане талаффуз намекунад, магар ки назди Ў (фариштаи) нигоњбон омодаи сабт аст» (Ќуръони карим: 50-18). Шумо, муњтарам Кабирї, дар њакиќат, дар озодандешии «динии» худ, дар баёни матлаби худ њатто нисбат ба мањфили «Љањони андеша» пой баландтар ва дуртар гузоштаед. Мањз аз њамин гуна зиёдаравињо ва сањлангорињо таассуби динии исломизми љанговар маншаъ мегирад. Ва ин исломизми љанговару љињодї, мутаассифона, бар зидди дини ислом ва бар зидди худи мусулмонњо равона шудааст. Аммо имрўз мо наметавонем фољеањои таърихии такфири њамдигариро такрор кунем. Имрўз тољиконро ба хотири ѓаразњои њизбию фирќавї набояд ба мўъмину кофир људо намоем, дар байни миллат тафриќа андозем. Барои мо на исломизми љанговар, балки исломе зарур аст, ки рўњияи миллиро баланд мебардорад ва дар он инкори асли тољикият вуљуд надорад. Мо бояд фарњанги миллии диндории солим дошта бошем, озодандешии миллиро ривољ дињем ва ояндаи худро аз љанги худ бо худ эмин нигоњ дорем. Дар нињоят, ба мањфили «Љањони андеша» тавфиќи фикр, идомаи кор, озодандешии солим ва ѓайрати миллї орзу менамоям. Ба раќибони мутаассиби онњо бошад тавфиќи имон, тањаммулпазирии андешавї ва инсонгароёна хоњонам. Њамчунин зарур мењисобам, ки мероси миллї ва исломии халќи тољик бояд хуб шинохта шавад, то барои тавфиќи миллї аз он бањра гирем. Бинобар ин, барои тољикон модели миллии ислом ањамияти актуалї дорад. Аммо барои тањияи чунин модел бањсу мунозирањои озодандешону ѓайрандешон њатмї мебошад. Зеро шоњроњи миллат ин озодандешї аст. Муродулло Давлатов

Тољикистон 15

Таквими 22 май

Николай Миронов (1919-1998), 95- солагии зодрўзи муаррих. Умед Мухторов (1934), 80- солагии зодрўзи олими соњаи педагогика. Саидбой Шербоев (1944), 70- солагии зодрўзи доктори илми педагогї, профессор. Салоњиддин Фатњуллоев (1936), 78 солагии зодрўзи номзади илмњои филологї, фолклоршинос

23 май Шодимурод Љумъаев (1939), 75- солагии зодрўзи адабиётшинос, журналист. Ладо Шанидзе (1944), 70- солагии зодрўзи меъмор, Ходими шоистаи њунари Тољикистон. Рўзи љавонони Тољикистон.

24 май Акрам Амонов (1954), 60-солагии зодрўзи генерал-лейтенант. Мањмадалї Мањмудназаров (1954), 60- солагии зодрўзи олими соњаи тиб. Содир Форсихонов (1924-2006), 90- солагии зодрўзи доктори илми кишоварзї, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон.

25 май Суннат Бобохољаев (1929-2004), 85-солагии зодрўзи доктори илми геология, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон Олуболу Боќиев (1934-2000), 80- солагии зодрўзи доктори илми таърих, профессор. Рустам Дењотї (1944-2006), 70- солагии зодрўзи забоншинос (немисї). Турсунпўлод Амини Истаравшанї (1949-2011), 65-солагии зодрўзи шоир, Журналисти шоистаи Тољикистон. Додољон Музаффаров (1929-2003), 85- солагии зодрўзи олими соњаи география. Толибљони Муњаммадии Саъдї (1944), 70- солагии зодрўзи журналист. Бањодур Сабуров (1944-2005), 70- солагии зодрўзи доктори илмњои физика ва математика, профессор.

26 май Лев Калштейн (1924-1989), 90- солагии зодрўзи доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон. Анвар Содиќов (1939), 75- солагии зодрўзи олими соњаи математика. Рўзи адвокатњо.

27 май Шариф Ќодиров (1954), 60- солагии зодрўзи актёри театр. Марина Некрасова (1954), 60- солагии зодрўзи шоира. Ѓуфрон Рањимбоев (1949), 65-солагии зодрўзи мутриб, Њунарпешаи халќии Тољикистон. Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: rahimzoda@pressa.tj


таблиѓ

16 Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

ед. нед эълонњои ба мо фирист 7 7 Шумо метаво 7 7 и м а ќ а р ти смс бо худро тавассу 238-78-78 т о м у л ъ а м и о Телефон бар

Мефурўшам Њавлї Бўстонсаро

•• 2-њуљрагї, ошёнаи 8, кўчаи И. Сомонї, х.14, њуљ 59. Тел: 918-750-750

Хизматрасонї •• Насби антенаи моњворавїАндрей. Тел: 918-76-74-08 •• Панљара, панљраи оњанин, дарвоза, дарвозањои оњанин, пештоќ, ќатораи панљарањо, ароба месозем. Тел: 918-44-0233, 935-44-02-33, 907-44-02-33 •• Панљара, панљарањои оњанин, панљарањои зина, дарвоза, дарвозањои оњанин, пештоќ, крани борбардор месозем. Тел: 900-98-70-51, 936-000-451, 98909-01-49

Саломатї

•• Маркази тибби халќии “Кимиёи саодат”: њамаи намуди паразитњо, кирмњо ва гиљањо “шлакњо”, дисбактериоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскарида ва ѓ.) суроѓа: н.Рўдакї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пештара), тел: 901-500-760, 919-01-71-73, 917-33-33-55, 918-12-52-12

Эътибор надорад •• Аттестати гумшуда, ки онро соли 1990 аз мактаби №1-и ноњияи Абдурањмони Љомї ба Хушваќтова Махфират Турдибоевна додааст, аз эътибор соќит дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшуда, тањти раќами ТШТ А №0750538, ки онро соли 2012 мактаби тањсилоти асосии №117-и ноњияи Рўдакї ба Тоштемуров Абдуманон Абдурањмонович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Муњр ва бастаи њуљљатњои гумшуда, ЉДММ «Шањром», шањодатнома « 0207915, РЯМ 3510004337, санаи 03 октябри 2011сол, шањодатномаи силсила U35 №004764, санаи додан 09.12.2011сол (01421), гувоњномаи № 35/000710, РМА 350007106, санаи 03 ноябри 2011 сол, иќтибос аз фењрести ягонаи давлатии шахсони њуќуќї сана 10.01.2014сол. Касе, ки онро ёфт мукофот интизораст. •• Шартномаи хариду-фурўши манзили истиќоматии тањти фењрести №9Д-2787 аз 30.11.1990 сол, воќеъ дар ш.Душанбе, кўчаи Сурхоб, хонаи 20, ки дар идораи 1-уми нотариалии давлатии ш. Душанбе ба номи Мањмадхољаев Зокирхуља ва Ќањоров Садриддин Зулфиќоњорович ба расмият дароварда шудааст, бо сабаби гум шуданаш бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи хариду фурўши хонаи истиќоматии воќеъ дар ш. Вањдат кўчаи А. Зикиров (собиќ Пахтакор) хонаи 1, њуљ.40, ба номи Ѓафурова Лола Садри-

диновна, ки дар идораи нотариалии ш. Вањдат тањти №1С 85 аз 18.06.1998сол ба расмият дароварда шудааст, бо сабаби гум шуданаш бе эътибор дониста шавад. •• Муњри таќрибан 3 моњ пештар гумшудаи адвокати ваколатдор Њакимов Муњаммадзоњиршо Юсуфович бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињонии, ки онро Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї ба Азимов Фирдавс Бозорбоевич додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињонии гумшуда, ки онро соли 2012 Донишгоњи миллии Тољикистон ба Давлатзода Муниси Шарифбек додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Аттестати гумшудаи маълумоти миёнаи нопурра № 221567, ки онро соли 1993 МТМУ №33 ба Бобиева Шањноза Каримљоновна додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшудаи иќтибос ЉДММ «Иссам», № 0006455, РМА 036045656, воќеъ дар ноњияи Сино бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи ќонунигардонии молу мулк, бо суроѓаи Варзоб 21, ба номи Ниёзов Њайдаралї Сафарович, аз сабаби гум шуданаш бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникї ва шартномаи туњфаи хонаи истиќоматии гумшуда, ки бо номи Шарипова Фотима Мирзоевна бо фењрести тањти № 1Ш-43, бо суроѓаи кўчаи Абдулло Назар (Хлопзаводская) хонаи 408, ба ќайд гирифта шудааст, дар КФББТ-и ш. Душанбе, № 6662 аз 26.01.2010 дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшуда, ки онро шуъбаи хадамоти давлатии мухофизати 1 (ШВКД-и-1) ноњияи Сино ба Назаров Нурулло Љалолович дода шудааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи гумшуда серияи А 5058492, ки онро соли 2009 ШКД-и н. Айнї вилояти Суѓд ба Хиромони Муллошамсиддин додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шањодатномаи гумшуда, ки онро Муассисаи таълимии давлатии омўзишгоњи касбию техникии № 2-и н. Ёвон, вилояти Хатлон аз 22.08.2008 сол, раќами шањодатнома 0047944, РЯМ 4010001206, РМА 400001666 бе эътибор дониста шавад. •• Сертификати гумшудаи хона бо суроѓаи кўчаи Зафар 280 «А» ба номи Атоева Шањноза Абдурањимовна бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи хариду фурўши гумшудаи аз 1/4 њиссаи маѓоза ки 1.07.2002 сол дар идораи но-

тариалии н. Сомонии ш. Душанбе, бо суроѓаи кўчаи С. Носир 20, ба номи Эргашев Наим Абдулњаевич ба расмият дароварда шуда буд, бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникї бо № 03/8901 аз 2.09.2008 сол ва шартномаи хариду фурўши раќами ќайдаш №6-2-2065 аз 6.08.2007 сол, барои хона бо суроѓаи кўчаи Мушфиќї 83/3, ба номи Ѓафуров Ѓолибшо Љаборович бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи имтињонии гумшуда, ки онро соли 2004 Донишкадаи тарбияи љисмонии ба номи С. Рањимов ба Табаров Мирсаид Њамроевич додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтари њавлии гумшуда, бо суроѓаи гузаргоњи 3, кўчаи Н. Ќарабоев 4, њуљ 8 ба номи Шоназарова Зебонисо Худоназаровна бе эътибор дониста шавад. •• Дафтари њавлии гумшуда, бо суроѓаи кўчаи Н. Ќарабоев 120, њуљ.4 ба номи Ќодиров Сорбон бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи хариду фурўш аз 9.04.1991сол, бо № 10-258 ба номи Садуллоев Љурабек додашудааст бе эътибор дониста шавад. •• Билети донишљўии гумшуда, ки онро соли 2013 аз тарафи Донишгоњи технологияи Тољикистон ба Ашуралиев Сирољиддин Зайниддинович додааст, бе эътибор дониста шавад.

Барњам мехўрад •• ЉДММ «Муњаррик» раќами шањодатномаи ба ќайдгирии 0016009, РЯМ 0110001733, РМА 010082001 ки дар нозироти андози н. Шоњмансури ш.Душанбе ба ќайд гирифта шудааст, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Шарипова Мављуда Шодиевна РЯМ 0430122413, РМА 025154282 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Атауллоев Наим Њалимович, РЯМ 1230111850, РМА 126045622

фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Мелихуља», РЯМ 2810003680, РМА 280012266 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Буриев Абдуалим Фатњуллоевич, РЯМ 1230002694, РМА 125280632 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Солихов Бањодур Хушвахтович, РЯМ 3430023685, РМА 295644321 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ кооперативи Истењсоли «Амирљон» РМА 200003130 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Камолов Насим Шодиевич, РЯМ 0430161133, РМА 046212630 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Ахмедов Абдували Бегиљонович, ки бо шањодатномаи № 0071512, РЯМ 0230044064, РМА 025469224 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Икром-М», воќеъ дар н. Сино, № 0264121, РЯМ 0410020206, РМА 040040108 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• ЉДММ «Ошхонаи Билол» воќеъ дар н. Сино, № 006133, РЯМ 0410019574, РМА 040039479 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• Соњибкори инфиродї Тољиддинов Худоёр Асомидинович, ки бо шањодатномаи № 0055546, РЯМ 0330034815, РМА 045169466 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Бистро 2», воќеъ дар н. Шоњмансур, № 0257366, РЯМ 0110017014, РМА 010091627 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• ЉДММ «Боѓи шамол-96», воќеъ дар н. Сино, № 0264249, РЯМ 0410021288, РМА 040041179 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

•• Соњибкори инфиродї Алиева Мањбуба Подавоновна, ки бо шањодатномаи № 0198177, РЯМ 0430096645, РМА 365086978 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Ќурбонов Муњаммади Саидакбарович, ки бо шањодатномаи № 0166708, РЯМ 0330125162, РМА 265036325 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Глобал Стади», воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатнома 0055907, РЯМ 0410006493, РМА 040020465 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• Соњибкори инфиродї Рањимов Алишер Ѓайбуллоевич, ки бо шањодатномаи № 0072985, РЯМ 0430153204, РМА 046170412 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Бабамуратов Яќубљон Харочќулович, ки бо шањодатномаи № 0188120, РЯМ 0430095353, РМА 045431148 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Гети Нетворк Солюшенс», воќеъ дар н. Шоњмансур, раќами шањодатнома 0258000, РЯМ 0110019241, РМА 010094063 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• ЉДММ «Нурафзои Нур», воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатнома 0256646, РЯМ 0410018116, РМА 040037922 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд. •• Соњибкори инфиродї Рањимов Акрамалї, ки бо шањодатномаи № 0043366, РЯМ 0930076831, РМА 075102162 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Карделен», воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатнома 0126311, РЯМ 0410012543, РМА 040032141 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.


таблиѓ

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Тољикистон 17

JOB VACANCIES UNDP is the United Nations' global development network, an organization advocating for change and connecting countries to knowledge, experience and resources to help people build a better life. We are on the ground in 177 countries, working with them on their own solutions to global and national development challenges. UNDP has been on the ground in Tajikistan since 1994. UNDP’s programme in the country consequently represents a broad spectrum of activities, including Poverty reduction; Good governance; Crisis prevention; Energy and environment and Reducing burden of HIV/AIDS, Malaria and Tuberculosis

•• њамал (21 март- 20 апрел)

UNDP Tajikistan is seeking to recruit: • •

National Expert for developing and delivering the training programme for central and local government officials on RES policy development and implementation. (UNDP EEP; Contract Type: IC; Duty Station: Dushanbe, Deadline: 05 June 2014) Местный Консультант для проведения оценки осуществимости реализации Фонда Поддержки Бизнеса (UNDP Communities Programme /AFT project; Contract Type: IC; Duty Station: Dushanbe, Deadline: 04 June 2014);

For detailed Job Descriptions and instructions for submission of applications please visit our website: http://www.undp.tj. Applications without the completed application form will be treated as incomplete and will not be considered for further assessment. Only shortlisted candidates will be contacted. Qualified female candidates are strongly encouraged to apply. To stay updated on our Vacancy Announcements please join us on Facebook: http://www.facebook.com/pages/RecruitmentUNDPTajikistan/141125059321554 Озмуни умумиљумњуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии бењтарини Тољикистон» дар соли 2014 Натиљаи овоздињї аз санаи 2.04 то 13.05.с.2014 Аз рўи номинатсияи «Китобдори бењтарин» № Номи китобдор ЊиљоРаќами Миќраќам (Код)

р/т

ирсоли SMS

дори овозњо

Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи бењтарин» № р/т

Номи китобдор

Њиљораќам (Код)

Раќами ирсоли SMS

Миќдори овозњо

1

Китобхонаи вилояти Суѓд ба номи Тошхоља Асирї

Kb015

4545

129

2

Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявї ба номи Мирсаид Миршакар

Kb044

4545

75

3

Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоњин

Kb001

4545

26

1

ш. Хуљанд, Раљабова Марњабо

Kt037

4545

143

2

ш.Душанбе, Шарипова Валъамат

Kt001

4545

90

3

ш. Хуљанд, Эргашева Муяссар

Kt024

4545

67

4

Kb043

4545

24

4

ш.Истаравшан, Зокирова Мукаррама

Kt015

4545

48

Китобхонаи давлатии патентию техникї

5

Китобхонаи шањрї ба номи Абулќосим Лоњутї

Kb045

4545

19

6

ш.Душанбе, Ахмедова Мавзуна

Kt004

4545

27

6

Kb048

4545

13

7

н. Рашт, Нуриддини Садриддин

Kt036

4545

16

Китобхонаи донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўали ибни Сино

7

4545

9

ш.Исфара, Хакимова Сайфура

Kt014

4545

12

Китобхонаи марказии ш.Конибодом

Kb018

8

8

4545

4

ш. Норак, Нозимова Гулбањор

Kt027

4545

11

Китобхонаи марказии ш.Турзунзода

Kb035

9

9

4545

3

ш.Панљакент, Собирова Сољида

Kt025

4545

11

Китобхонаи марказии ш.Исфара

Kb016

10

10

4545

1

н. Мастчоњ, Сафарова Фарзона

Kt017

4545

11

Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї

Kb002

11 12

ш.Ќурѓонтеппа, Тоирова Майсара

Kt006

4545

11

11

Китобхонаи марказии н.Данѓара

Kb044

4545

1

13

н. Рўдакї. Файзова Сайрам

Kt013

4545

10

12

Китобхонаи марказии н.Айнї

Kb022

4545

1

13

Китобхонаи Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон

Kb047

4545

1

14

н.Айнї, Мавлонов Мавлон

Kt016

4545

8

15

ш.Турсунзода, Саидова Гавњарой

Kt034

4545

6

16

н. Панљ, Сафарова Назира

Kt009

4545

5

17

н. Фархор, Афзалов Њабибулло

Kt012

4545

5

18

н.Вањдат, Нурова Хайриниссо

Kt033

4545

4

19

н.Ашт, Шарипова Бибираъно

Kt029

4545

4

20

н.Зафаробод, Наимова Умеда

Kt018

4545

4

21

н. Ёвон, Комилова Хиромон

Kt011

4545

3

22

ш.Душанбе, Юсупова Муњаббат

Kt003

4545

1

23

н.Файзобод, Толибов Саидмурод

Kt035

4545

1

Дар соњаи тиљорат мувафаќиятњо шуморо њамсафар мешавад. Дар муњаббат каме нофањмињо ба байнатон пайдо мешавад. Роњбаратон барои кори дигар гузаштанатон норозигиашро баён медорад. Дар муносибат бо атрофиён эњтиёткор бошед, зеро ранљиши онњо ба пешрафтатон мусоидат мекунад.

•• Савр (21 апрел - 20 май) Сарвњоро њафтаи пурбарор интизор аст. Ситорањо тавсия медињанд, ки корњое, ки дар наќша доред, ба баъд гузоред. Бењтараш ин њафта ба тамошои табибат бароед, то њолати руњиятон хуб шавад. Дар коргоњ муносибати худро таѓийр дињед, зеро ин рафтори шумо ба кори ояндаатон халал мерасонад.

•• љавзо (21 май- 21 июн)

Марњилаи хубест, барои ба даст овардани малбаѓњои калон. Њама фикратонро ба пул банд накунед, зеро муњаббате, ки дар паси даратон истодааст, ќабул кунед. Дар роњ њамеша эњтиёткор бошед.

•• саратон (22 июн- 22 июл) Саратонњо дар ин њафта хеле серташвиш мешаванд. Дар коргоњ ва хона корњои нотамомашон аз нав рў мехезад. Бењтараш њамаашро ба як њафта намонда, таќсим кунед, зеро дар фасли бањор ќувваи зиёд сарф кардан, ба саломатиатон каме хатар дорад.

•• • асад (23 июл- 23 август)

Њафтаи навин бароятон мушкилињоро пешгўйї мекунанд, вале аз ин дилсард нашуда, барои ба њадаф расидан талош намоед. Чанд ваќт аст, ки сару либоси нав хариданиед, акнун фурсаташ фаро расидааст. Муносибати даѓалро аз худ дур кунед. Њамеша камбудии дигаронро кофтан низ дарди саратон мешавад.

•• сунбула (24 август- 23 сентябр) Бо сабабњои номаълум аввали њафта худро нороњат њис мекунед, вале дар миёни њафта аз дур хабаре мешунавед, ки руњияи шуморо дигар мекунад. Њангоми сари чанбари мошин нишастан, кўшиш кунед, ки њамаи пролемањоятонро як тараф гузоред, то аз хатар эмин бошед.

•• мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Намунаи овоздињї: Бо телефонии мобилї њиљораќами (Код)-и китобдор ё китобхонаро дар шакли паёмак њуруфчинї намуда ба раќами 4545 ирсол менамоем ва мунтазири љавоб мешавем. Пас аз ирсоли паёмак оиди овози додаи шумо ба телефонии мобилї дар шакли паёмак маълумот дода мешавад. Эзоњ: Овоздињї дар озмун ихтиёрист! Арзишнокии 1 (як) паёмак 2 (ду) сомониву 90 дирамро (бо назардошти ААИ) ташкил медињад. Натиљаи овоздињї дар сомонаи www.gptb.tj дарљ мегардад! Дигар китобдорон ва китобхонањо дар санањои нишондодашуда овоз нагирифтаанд. Оиди овоз додан ба дигар китобхона ва китобхонањо метавонед аз сомонаи www.gptb.tj истифода намоед. Телефонњо барои тамос: 918-90-75-86, 917-23-28-16

љавоби сканвордњои №20

Кўшиш кунед, ки бештари ваќтатонро ба тамошо, сайру гашт, вохўрии шиносон гузаронед. Барои маблаѓе, ки дар ин муддат сарф шудааст, ѓам нахўред. Ситорањо ба даст омадани даромади пулиро пешгўйї мекунанд. Нисбати мањбубаи худ бепарво набошед, зеро њар як занги ту ўро нерўи тоза мебахшад.

•• Аќраб (24 октябр - 22 ноябр Нафароне, ки зери ин бурљ ќарор доранд ва љойи кори худро иваз карданианд, ситорањо тавсия медињанд, ки аз њозир њуљљатњояшонро омода намоянд. Кўшиш кунед, ки бо њамкорон муносибати хубро ба роњ монед. Њар як ќадами шумо дар тањти назорат аст. Барои њамин њар сухане, ки мегўед фикр кунед.

•• ќавс (23 ноябр- 21 декабр)

Ваќти кам барои амилишавии орзуњоятон боќї мондааст. Метавонед, ки ками дигар кўшиш намоед. Роњбаратон шуморо ба вазифаи дигар гузаронидан мехоњад. Њар чанд розї набошед њам, аз гуфтаи роњбаратон саркашї накунед.

•• љаддї (22 декабр- 20 январ) Дар рўзњои истироњат ба худатон љабр накунед. Корњоятонро дар доираи ваќти муайян иљро намоед, чунки мондашавии зиёд, хастагии руњиро ба миён меорад. Љаддињои зањматталаб бояд ба саросемагї роњ надињанд, зеро хуш муомилагї ва забон шириниатон душманонатонро зиёд мегардонад. Ба гапњое, ки дар гирдатон давр мезанад, ањамият надињед, чунки ваќт довар аст.

•• давл (20 январ- 21 феврал) Дар муносибати ошиќона каме нофањмињо ба миён меояд. Дар ин лањза худатонро ба даст гиред. Ваќтњои охир саломатиатон шуморо азият медињад. Нисбати ин чизи ќиматњо бетараф набошед. Дар охири њафта ба айёдати падару модар рафтанро фаромўш накунед.

•• њут (21 феврал - 20 март) Аввали њафта бо муноќиша рў ба рў мешавед. Дар як муддати кўтоњ мегузарад, чунки њаќ ба њаќдор мерасад. Аз нобарории корњоятон ѓамгин нашавед, зеро охири њафта амалї шуданаш мумкин аст. Муносибати хубро бо атрофиён фаромўш насозед.


адабиёт

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Тољикистон 21

Ду шери найистони адабиёти тољик устодон-Мўъмин Ќаноат ва шодравон Лоиќ Шералї дар ин фасли зебои сол- бањор ба дунё омадаанд. Мо намунаи ашъори ин шоирони нотакрорро, ки вирди забонњоянд, рўйи сафња меорем. Мўъмин Ќаноат Ба њаводори забони тољикї Ќанд љўї, панд љўї, эй љаноб, Њар чї мељўї, биљў. Бекарон бањрест, гавњар бењисоб, Њар чї мељўї, биљў. Форсї гўї, дарї гўї варо, Њар чї мегўї, бигў. Лафзи шеъру дилбарї гўї варо, Њар чї мегўї, бигў. Бањри ман танњо забони модарист, Њамчу шири модар аст, Бањри ў ташбењи дигар нест нест, Чунки мењри модар аст. З-ин сабаб чун шўхињои дилбарам, Дўст медорам варо, Чун навозишњои гарми модарам, Дўст медорам варо. 1963.

Бузургї ва хоксорї

Духтари тољик, дар тасвири ту, Њар сухан бе рангу борї мекунад. Њаст уммеде, ки дар ин суратам, Њусни ту, кори ту ёрї мекунад. Субњидам дидам, ки пеш аз офтоб Байни сањро чун алам метофтї, Бегањї дидам, ки баъд аз офтоб Чун шафаќњо боз њам метофтї. Ту дар ин сањро, миёни пахтазор На баландию на шуњрат кофтї, Кор кардї аз дилу љон, хоњарам, Аз њамин пастї баландї ёфтї. З-он, ки бепардоз бошад рўйи ту, Њусни ту кам нею афзун мешавад. Сурхрўйи кор бошад сарбаланд, Покии дил - рўйи гулгун мешавад. З-он, ки њар сония бар сўйи замин Ќомати болои ту хам мешавад, З-он, ки дар рўйи ту мешинад ѓубор, Ќиммати ту, њусни ту кам мешавад? Њељ гоње! Он кї њар соат ба хок, Бар замин сад бор таъзим мекунад, Он кї њар соат дусад хирворро

Бар Ватан, бар халќ таќдим мекунад; Он, ки бо њурмат, ба ихлоси тамом Мепарастад зиндагиро, корро, Саљда меорад замину обро, Њар нињоли пахтаи пурборро,Номдорї, номдорї мекунад, Аз бузургї хоксорї мекунад!

Эй обшор

1962.

Эй обшор! Оинаи беѓубори ман, Ёри замони кўдакии беќарори ман, Аз рўзњои рафта туйї ёдгори ман. Оњангњои кўњнаро такрор мекунї, Ёди бахобрафтаро бедор мекунї, Рози маро ба лафзи худ изњор мекунї. Дорї ба ёд лањзае, он хуб манзаре, К-омад ба об субњдам он куртапарпарї, Пойи барањна рўйи гул он чўљаи парї? Мўйи сиёњ бар ќади мавзун чу обшор, Чашме чу чашмаи сафо, рўе чу навбањор. Ќадде ба мисли шаршара ларзону беѓубор. Гулхандае мекарду гул дар об мефиканд, Тифле ба об гавњари ноёб мефиканд, Сўзе ба љони баччаи бетоб мефиканд. Мерафту рангу равнаќи гулзор мешикаст, Меомаду аз омадаш хуммор мешикаст, Лабташнагии ташнаи дидор мешикаст. Он духтарак кї буд? Нишоне зи хоњарам, Ё дар бањори наврасї ў буд дилбарам? Ё чун кабўтари сафед ў буд њампарам? Њар кас, ки буд, Ӯ маро аз љон азиз буд, Љонам зи љоми шарбати ў рез-рез буд. Рўзе, ки чун ду соњили дарё људо шудем, Дарё садо намудаю мо бесадо шудем, Дар торњои шаршара њарду наво шудем, Он лањзањои бебадал гўё ба хоб рафт, Умри азизи баччагї монанди об рафт, Чун кабки рав фаромаду лекин шитоб рафт… Эй обшор! Боз биё дар канори ман, Бинвоз он таронаро чун ёдгори ман, Боре намой сурати он навбањори ман! 1965.

Лоиќ Шералї Одамон бисёр, аммо якдилу якрў куљост? Шоирон афзун, валекин шоири њаќгў куљост? Њар ки дилро об созад, бар сараш резанд об, Обрўе, ки дињї руљњон ба оби љў куљост? Дар миёни панљ милёрд одами зоњирпараст Он, ки дорад асли асли хеш љустуљў куљост? Одамон дар шаш љињат ин сўю он сў медаванд, Нест кас, то пурсияш ин сў куљо, он сў куљост? Чор унсур аз азал шуд чор унсур дар аљал, Эй бани одам! Хирад ку? Фитрату нирў куљост? Нимгушна, нимташна, нимдуш ман, нимдўст, Эй љањони нимкора, сарњисоби ту куљост? [1997] Дар калла њатто бод не, ин боданўшї аз куљо? Бо пўстѓафсї ин њама чарминапўшї аз куљо? Дирўз бехомак будї, бекозаю бомак будї, Њоло ба бозори љањон мошинфурўшї аз куљо? Доллар ба каф барги хазон, дуздї накардї? Рост гўй, Даври лабон кафки дањон, дарёхурўшї аз куљо? Дї будї беизораке дар кўчаю бозораке, Бо зењни кунду аќли кунд ин тундљўшї аз куљо? Дирўз таппак мезадї, дар пода љуфтак мезадї, Ай сустаку мустак бигў, ин сахткўшї аз куљо? Дирўз хомўшак будї, ољиз чу харгўшак будї, Имрўз бонгат то фалак, вањйи сурўшї аз куљо? 13.01.1995 – Бемористон Эй њамватан, ба њамдигар чунучаро чаро? Кардем базмхонаро мотамсаро чаро? Дорем як таронаи шевои сарнавишт, Дар як тарона мову ту ноњамсаро чаро?

Чашма якеву бар њама лабташна мерасад, Дар сад мањал ба њам занї сад кўзаро чаро? Рафтанд тангчашмакон дунболи офтоб Мову ту чашмбаставу вопасгаро чаро? Рафтем дар таассуби худ то гулў фурў, Рафтанд њељбудагон аз мо фаро чаро? Моем нобародарон аз тухми як падар, Љони бародаро, чаро? Эй хоњаро, чаро? Моем нобаробарон аз ину он намат, Устоди мењтаро, чаро? Эй кењтаро, чаро? 4.04.1997 – Ландан Гар ќабили малол наям, шод кун маро, Вайрон агар намекунї, обод кун маро. Хандон агар намекунї, гирён макун маро, Обод агар намекунї, вайрон макун маро. Хушбахт агар намекунї, аз бахт дам мазан, Шодон агар намекунї, нолон макун маро. Дар чорсўи зиндагї то кўи зиндагї, Рањбон агар намешавї, сарсон макун маро. Њайрони дил набудаї як лањза худ ба худ, Бо лофу бо газофњо њайрон макун маро. Љонат тињист аз ѓами љонсўзи ошиќї, Дасти тињї ту ин њама дастон макун маро. Дунё надида, ваъдаи дунё мадењ ба ман, Дарё надида, ташнаи тўфон макун маро. [1986]


канзи шифо

22 Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Ба каду рањмат гўед лубиёро баъдтар мебинем...

Дар оилаи мо кадуро кам истифода мебаранд. Њар ваќте ки њамсояамон хўроки кадугї меорад, табъи аксар одамони хонаамон хира мешавад. Дар баъзе ривоятњо онро хўроки пайѓамбарон низ мегўянд. Мехостам, дар бораи хосиятњои шифобахшии он маълумот дињед. Наргиса Љалолова, сокини ш. Душанбе Дар баробри дигар мањсулотњои њамарўза, каду низ яке аз мањсулоти асосии зиндагии мардуми мо ба шумор меравад, ки ќисми зиёди ањолии Тољикистон истифода мебаранд. Аз он хўрокњои гуногун, аз ќабили ширкаду, кадубирён, кадушўрбо, мантуи кадугин ва ѓайрањо тайёр мекунанд. Миљозаш дар дараљаи дувум хунук ва тар аст. Таркиби каду аз витамину микроэлементњо бой буда, барои организм ва беморињои гуногуни узвњои дарунї хеле фоидаовар мебошад. Каду дар минтаќањои гарм

охири тобистон ва дар минтаќањои нисбатан салќин охирњои тирамоњ пухта мерасад, ки пўсти як ќабатаи ѓафси сахт дорад. Кадуро бо маќсади табобат њам дар тибби ќадим ва њам дар тибби муосир истифода мебаранд. Намудњои гуногуни каду аз њам фарќ доранд: кадуи лалмї, кадуи обї, чўбкаду, ки ду шакли он маъмул

аст дарозрўя ва гирдшакл. Каду рангњои гуногун дошта, донаи он давои хубест барои нест кардан ва резондани кирмњои рўдаву меъда. Агар карду дар љойи офтобрўя сабзад, дар муддати чор моњ мевааш пухта мерасад. Љойи лањм ё мулоимии каду дорои витаминњои зиёд мебошад. Каду мањсулоти парњезї њисобида шуда, барои бемо-

рињои рўдаи ѓафс, ѓадуди зери меъда, атросклероз хеле фоидаовар аст. Агар кадуро дар об љўшонида, оби онро нўшед, фаъолияти узвњои шошадонро ќувват бахшида, варамро нест, миќдори ќандро дар хун паст карда, шири модарро бисёр мекунад. Шарбати каду барои рафъи беморињои систит, пиелонефрит, ќабзият (запор) таъсири хуб мерасонад. Як пиёла оби кадуи обпазшударо дили нањор хўрдан фоидаи зиёд дорад. Агар 300гр донаи тозакардаи кадуро муддате ба 50г об тар карда, сипас, ба он 20г асал ё мурабборо якљоя намуда, ин даворо дар муддати як соат хўрдан зарур аст. Пас аз се соат доруи мулоимкунандаи шикам (слабительный) истеъмол кунанд ва баъд аз 30 даќиќа њимола (клизма) кардан лозим аст, зеро ин амал тамоми кирмњои дар организим бударо нест мекунад. Ин навъи муолиља безарар буда, ба кўдакон, занњои њомила ва занњои кўдаки ширмакдошта низ тавсия дода

мешавад. Ба ашхоси гирифтори беморињои аденома ва простатит маслињат медињем, ки ба атолаи ширї тухми кўфтаи каду ва асалро омехта карда, истеъмол намоянд, шифо меёбанд. Кадуро кўфта ё тарошида, ба пеши сар гузошта банданд, варами гарми сар, дарди сар аз гармї ва хушкии майна ва бехобиро рафъ мекунад. Равѓани тухмашро бихўранд, бимоланд, бичаконанд, дар бинї бирезанд ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобї, сил, табњои гарм, дарди рўдањо, ки аз љамъ шудани сафро ба вуљуд омада бошад, дафъ мекунад ва давои хуб мебошад. Хулоса, њамаи навъњои каду барои одамони гарммизољ, љавонон, мардуми минтаќањои гарм фоида дорад, вале ба нафароне, ки мизољи сард, пирон ва нафароне, ки дар минтаќањои хунук зиндагї мекунанд, зарар дорад. Миќдори як бор хўрдани тухми каду дар як рўз то 32 грамм аст. Ба љойи ин маѓзи тухми тарбуз, бодирингро истеъмол намудан раво мебошад.

дии зиёд ва бењолии тамоми бадан дида мебошад. Ягона роњи муолиљаи ин беморї ба мутахассиси соња мурољиат кардан аст. Сабаби панљум–вобаста ба системаи вегетативии асаб мебошад, ки дар натиљаи вайрон шудани кори ин узв, мубодилаи гармидињї таѓйир меёбад. Њангоми гирифтор шудан ба ин њолат шуморо лозим аст, ки ба духтури асаб мурољиат кунед. Дар баробари ин, ба машќи бадан машѓул шавед. Дар ин давра аз итсеъмоли мањсулотњое, ки гармї ва араќкуниро зиёд мекунад, аз љумла, ќањва, асал, нўшокињои спиртї даст кашед. Шашум сабаб– хосияти ирсї доштани организм мебошад. Муолиљаи ин марњила душвор аст, зеро араќкунї ва бўйи нофорам доштанаш аз насл ба насл омада расидааст. Дар ин марњила на хўрдан, на нўшидан ва на дигар корњо кўмак карда метавонад. Чї бояд кард? Њар рўз аќалан ду бор њамом кардан ва иваз кардани њамаи либосњои бадан њатмї аст. Чунин нафарон бењтараш аз матоъњои пахтагї ва пудрањои хўшбўйкунанда

истифода баранд. Сабаби њафтум,– муддати дуру дароз истеъмол кардани антибиотикњо мебошад. Дар ин марњила якбора таѓйирёбии микрофлораи рўдањо ва вайроншавии њаракатњои кирммонанд ба миён меояд. Ин њолат оташин кардани асаби переферикиро ба вуљуд оварда, дар натиља араќкунии шадид ба миён меояд. Муолиљаи ин сабаб, барќарор намудани микрофлораи рўдањо мебошад. Мушкилкушои ин масъала кефири натуралї, доруњо, инчунин, истеъмоли витаминњои гуногун мебошад. Сабаби њаштуми араќкунї– њомиладорї мебошад. Араќкунии зиёд дар семоњаи аввал бисёр мешавад, ки дар ин муддат таѓйиирёбии њормонњо, ки миќдори яке кам ва дигаре якбора баланд мешавад. Њамчунин, њангоми вазни бадан зиёд шудан мубодилаи гармидињї вайрон мешавад. Хоњ но хоњ вазн дар се моњаи дуюм ва сеюм бисёр мешавад, ки он ба араќкунии зиёд оварда мерасонад. Дар ин њолат њамеша ба гигиенаи шахсї риоя карда, муолиља кардан мумкин нест.

Араќи зиёд мекунам сабаб чист?

Дар њама фасли сол араќкунии зиёд маро ѓамгин мекунад. Сабабњои онро њар як нафар ба таври худ шањр медињад. Вале мехостам, дар бораи сабаб ва тарзи муолиљаи он маълумоти муфассал дињед. Гавњар Нурова, донишљўйи ДОТ Араќкунї яке масъалањои нињоят муњим барои њар як фард аст. Тибќи оморњои љањонї аз ин њолат зиёда аз 3 дарсади ањолии рўйи олам азият мекашанд. Сабаби арќкунї гуногун буда, он аз бисёр будани об дар бадан, баланд шудани њарорати бадан ва ё кори љисмонї мебошад. Вале њолатњое низ вуљуд дорад, ки аз пайдошавии беморї араќкунї ба вуљуд меояд. Тасмим гирифтем, ки як чанд сабаб ва роњи њалли онро бароятон пешкаш намоям. Сабаби якум– дар њолати њаяљонпазирї ва зуд асабонї шудан, кафи даст, зери каш, тахтапўшт ва кафи пой араќи зиёд хориљ мекунад. Њолатеро

низ ќайд кардан зарур аст, ки њангоми дастро ба даст ќапидан араќ њосил мешавад. Дар ин њолат чї бояд кард? Танњо духтурони соњаи руњї ва равонї ба шумо кўмак карда метавонанд. Дар аввали муолиља аз табобати доруњо ва гиёњњои оромкунандаи асаб истифода бурдан мумкин аст ва баъдан њамчун маводи ёрикунанда аз ласион ва талкњои обї истифода кунед. Сабаби дуюми араќкунї вазни зиёди бадан мебошад. Ба њамагон маълум аст, ки шахсони фарбењ бештар ба ин њолат гирифтор мешаванд, зеро ќабати ѓафси равѓани бадан мубодилаи гармиро зиёдтар хориљ мекунад. Ќайд кардан зарур аст, ки ба воситаи ин њолати физеологї, бадан худро салќин нигоњ медорад ва араќ хориљ мекунад. Чї гуна худро аз ин њолат баровардан лозим аст? Ягона роњи рањої аз ин, харобшавї мебошад. То харобшавї бояд дар як рўз ду маротиба њамом кардан ва аз маводњои зиддиараќкунї ва маводњои халќї аз ќабили замч дар шакли обшуда, тайёршудаи нўшокии аз решаи булут (коры дуба) истифода бурдан

лозим аст. Сабаби сеюми араќкунї,– пеш аз муњалат ќатъ шудани њайз мебошад. Ин марњила ба занњо хос аст. Дар синни 4550 солагї кам шудани миќдори њормонњои љинсї (эстроген ва прогесерон), дар духтарон баръаск ин њормонњо зиёд мешавад. Дар ин марњила махсусан таѓйирёбии њормонњо њамчун вайроншавии танзими њарорат бештар ба назар мерасад. Занњое, ки дар давраи ќаъшавии њайз ќарор доранд, доруњои махсусро истифода мебаранд. Дар ин њолат сўзандоруи диспортаро низ истифода бурдан мумкин аст. Ин сўзандоруро дар зери баѓал мегузаронанд, ки фаъолияти ѓадудњои араќбарорро солим нигоњ медорад. Чањорум сабаби араќкунї, баланд шудани вазифаи ѓадуди сипаршакл мебошад. Баланд шудани миќдори њормони ѓадуди сипаршаклро тиреотоксикоз меноманд. Дар ин ваќт мубодилаи модањо зиёд шуда, на танњо дар фасли гармї, њатто дар зимистон низ гармшавї ва араќкунї дида мешавад. Аломатњоии баъдии ин беморї бехобї, ѓазаболу-

Масъули Масъулисањифа сањифаИззатбек Мањина Давлатова. Идиев. Мо интизори Мо интизори мавод мавод ва пешнињодоти ва пешнињодоти шумоем! шумоем! E-mail: E-mail: izzatbek@pressa.tj mahina@pressa.tj •• Шўъбаи Шуъбаи реклама: реклама: saodat@pressa.tj saodat@pressa.tj••Тел: Тел:(44) (44)601-35-95 601-35-95


варзиш

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Тољикистон 23

«Вахш»

барњам мехўрад? Сармураббии дастаи «Вахш»-и Ќурѓонтеппа баъди шикасти шогирдонаш дар вохўрї бо «Хайр»-и Вањдат арз кард, ки клуб дар вазъи баъди молї ќарор дорад.

«Парвоз» аз «Истиќлол» ќафо монданї нест Дар даври 5-уми чемпионат «Равшан» ѓалаба кард, Восиев хет-трик нишон дод ва чанд нафар аз майдон ронда шуданд. Рўзи шанбеи 17-ум май се вохўрии даври 5-уми чемпионати Тољикистон оид ба футбол миёни дастањои Лигаи олї баргузор шуд. Дастаи «Истиќлол» бо хет-трики капитани худ Дилшод Восиев дар мењмонї бо њисоби 3:0 КМВА «Помир»-ро маѓлуб кард. Зарбаи аниќ ва нишонраси Индус Њусейнов ба дастаи «Равшан» ѓалаби дуюмро дар чемпионат овард. Ин гол ба дарвозаи «Далерон-Уротеппа», ки чанд тан аз бозигарони «Равшан» акнун дар ин даста баромад мекунанд, зада шуд. «Хуљанд» дар майдони худ дастаи пойтахт «Энергетик»-ро бо њисоби 2:0 шикаст дод. Се холро ба дастаи Нумонљон Юсупов голњои Вайсиддин Сафаров ва Чарлз Теко оварданд. «Парвоз» пешсафи чемпионат - дастаи «Истиќлол»-ро

дилпурона дунболагирї мекунад. 18-уми май даста дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»ро бо њисоби 2:1 маѓлуб кард. «Парвоз» њамагї як хол аз «Истиќлол» кам дорад ва дар зинаи 2-юм аст. Дастаи «Хайр» њам аз паси «Парвоз»-у «Истиќлол» равон аст. Вањдатињо дар майдони худ ба дарвозаи «Вахш» ду голи бељавоб заданд. Дар ин вохўрї дар аввали бозї аз њарду даста якнафарї барои вайрон кардани ќоида аз майдон ронда шуданд. Чемпионати Тољикистон. Лигаи олї. Даври 5-ум. «ХУЉАНД» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2:0 Гол: Вайсиддин Сафаров, 49 (1:0). Чарлз Теко, 58 (2:0). Ронда шуданд: Љамолиддин Зардиев («Хуљанд»), 78, Бахтиёр Чориев («Энергетик»), 78. 17 май. Хуљанд. Варзишгоњи «20-солагии Истиќлолияти Тољикистон». 4500 тамошобин. КМВА «ПОМИР» «ИСТИЌЛОЛ» - 0:3 Гол: Дилшод Восиев, 55 (0:1). Дилшод Восиев, 71

(0:2). Дилшод Восиев, 78 (0:3). 17 май. Душанбе. Варзишгоњи КМВА Вазорати мудофиаи ЉТ. 1300 тамошобин. «РАВШАН» - «ДАЛЕРОНУРОТЕППА» - 1:0 Гол: Индус Хусейнов, 75. 17 май. Кўлоб. Варзишгоњи марказї. 8000 тамошобин. «ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2:1 Голњо: Фарњод Тоњиров, 75 – аз пеналтї (1:0). Бахтиёр Ќаландаров, 84 (1:1). Юсуф Рабиев, 87 (2:1). Ронда шуданд: Орзу Додхудоев («Парвоз»), 41, Абдурасул Рањмонов («Регар-ТадАЗ»), 41. 18 май. Бобољон Ѓафуров. Варзишгоњи «Фурудгоњ». 5000 тамошобин. «ХАЙР» - «ВАХШ» - 2:0 Голњо: Айдох Наполеон, 28 (1:0). Айдох Наполеон, 52 (2:0). Ронда шуданд: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), 16, Улуѓбек Абдулхайров («Вахш»), 17. 18 май. Вањдат. Варзишгоњи «Хайр». 5000 тамошобин.

Ба гуфти вай мушкилоти молї боиси он шудааст, ки шояд даста аз идомаи иштирок дар чемпионат даст кашад. «Њарифро бо ѓалаба табрик мегўям. Мо њуљумкунандаи навовар ва ё бозигар боњуш надорем. Фикр мекунам, ки бозигарони љавони мо дар муќобили «Хайр» дар майдони худаш каме тарс доштанд. Панљ рўзи охир мо аслан машќ накардаем. Бачањо аз бозї саркашї карданд, аммо мо онњоро љамъ оварда, розї кардем, ки ба майдон бароянд. Федератсияи футболи Тољикистон харљи роњ ва истиќомати моро дар бозї бо «Хайр» пардохт кард, то ин бозї баргузор шавад. Ояндаи «Вахш» зери суол ќарор дорад. Њоло даста миёни замину осмон муаллаќ аст. Сарпарастон, њукумати вилояти Хатлон ва шањри Ќурѓонтеппа ба даста диќќат намедињанд. Дар панљ моњи имсол мо њамагї як маротиба маош гирифтем. Њоло даста бо сарулибос таъмин нест. Бозигарон пойафзолњоро ба орият мегиранд. Бозигарони њайати эњтиётї либосњояшонро аз њамдигар гирифта мепўшанд, то њамранг бошанд ва регламент вайрон нашавад. Даста дар њолати хеле риќќатбор ќарор дорад», - гуфт Мўминов. Дар идома сармураббии «Вахш» чунин гуфт: «Ба њайати мо нигаред, аз њама љавон-

тарин дар чемпионат њастем. Агар масъалаи молї њал шавад, фикр мекунам даста дар марњилаи дуюм ба пеш меравад, дар марњилаи якум бошад, холњои даркориро ба даст меорем. Агар моро дастгирї кунанд, даста бозї мекунад, дар њолати ѓайр «Вахш» дар бозии оянда ширкат нахоњад кард. Ин хел давом карданаш мумкин нест. Мо њатто ба номаш сарпараст надорем, агар касе сарпарасти мо мешуд, умедвор мешудем. Таассуфовар аст, агар чунин дастае чун «Вахш», ки ояндадор асту дар гузашта бозигаронро ба дастаи овозадори «Помир» тайёр мекард, аз байн равад». Сардори даста Исроил Шарипов низ гуфтањои сармураббиро тасдиќ карда гуфтааст, дар имсол даста ду маротиба музди пешакї гирифтааст, ки роњбарияти вилоят ба маблагї 50 њазор сомонї људо кардааст. «Дар айни њол буљети «Вахш», ки миёни дастањои Тољикистон аз њама камтарин аст, барои иштирок дар лигаи якум њам намерасад», - ќайд кардааст Шарипов. Ба гуфтаи вай даста дар даври 6-ум бояд бо «Энергетик» дар Душанбе бозї кунад, аммо чунин ба назар мерасад, ки ба ин бозї нахоњад рафт. «Вахш» яке аз ќадимтарин клубњои футболи кишвар аст, ки аз рўзи аввали мустаќилияти худ, ба ѓайр аз як мавсим, њамасола дар мусобиќањо ширкат кардааст. Дар ин муддат даста чанд маротиба чемпион ва барандаи љом шудааст. Тољикистонро дар мусобиќањои байналхалќї намояндагї кардааст.

Истеъфоњои моњи май Дар варзиши Тољикистон ин моњ се истеъфои чашмрасу гўшшунид шуд. Президенти клуби «РегарТадАЗ», мураббии маъруф, Шариф Назаров аз вазифааш дар дастаи шањри Турсунзода канор рафт. Вай ин амалашро ба он рабт дод, ки даста мушкилии молї дорад ва баъзе аз кормандони он ихтисор шудаанд. Назаров бо хоњиши худ аз вазифа даст кашидааст. «Ба даста бозигарон заруранд,

то фаъолияти худро идома дињад», - гуфтааст президенти собиќ. Бо ќарори кумитаи иљроияи Федератсияи футболи Тољикистон (ФФТ) Дамир Камолиддинов аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футзали кишвар сабукдўш шуд. Футзалчиёни Тољикистон дар чемпионати Осиё дар Ветнам дар њамаи вохўрињо шикаст хўрданд ва ин боис шудааст, ки Камолиддинов аз вазифааш барканор карда шавад. Њамчунин, дар 24 навъи варзиш сармураббињои да-

стањои миллї байни наврасон, љавон ва калонсолон иваз карда шуданд. Аз ин миён Мањмадшариф Сулаймонов оид ба барканориаш аз вазифаи дастаи мунтах��би самбои Тољикистон норозигї кардааст. Ба аќидаи вай, ки 20 сол дар ин вазифа кор кардаасту чемпионњоро таълим додааст, нисбати зањматњояш беэњтиромї шуда, бе сабаб аз маќомаш барканор шудааст. Маќомот зикр кардаанд, ки Сулаймонов дар муддати фаъолияташ ягон нафар чемпиони љањон омода накардааст.

Масъули сањифа Шўњрат Давлатшоев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: shuhrat@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


фароѓат

24 Тољикистон

№ 21 (1063) 22 майи соли 2014

Хандеду забонбо биомўзед! Як латифа ду забон

Ирода медошт Аз ќонундоне пурсиданд: — Чї бало зад, ки якбора порахўр шудї? — Бало назадааст. Ба њамкорон пайравї кардам, - гуфт ў. — Наход нафс гуфта, ба роњи бад равї? Афандї, ки он љо буд, лутф кард: — Сарзаниш накунед. Бењуда «Хар аз харгала монад, ёлу думаш мерезад» нагуфтаанд.

Together with the others Once a Law agent was asked, «How did it happen that you became a bribe taker?» «Nothing out of the common», he answered. «I followed the ex- ample of my colleagues». «You criticized other people for it, and now you have crossed the crooked step». Afandi, who was nearby explained, «Do not blame him. They say, «When in Rome, do as the Romans do».

Чї кор кунем? Аз Афандї пурсиданд: — Таќсирам, баъзењо дар замони бозсозї бо маош бой шудан афсона аст мегўянд. Оё ин гуфта рост аст? — Ња, рост, - гуфт Афандї. — Рост бошад, чї кор кунем? Афандї гуфт: — « Хоњї нашавї расво, њамранги љамоат бош!» гуфтаанд. Њар ќадар тавонед, фиребгариро омўзед! What to do? One day Afandi was asked, «Sir, some people say that in the times of perestroika it is impossible to make money when you live only on salary. Do you agree?» «Sure!» Afandi answered. «What to do then?» Afandi answered, «If you do not want to be an outsider, do what the others do. In other words, learn to swindle».

Дар омади гап -Ба дўѓу пўписаи душман кињо бештар фирефта мешаванд? -Содалавњон. *** -Интиќомгирї хуб аст ё бад? -Агар хуб мебуд, одамон душмани якдигар намешуданд. *** -Аз чї шифо ёфтан мушкил: тир, ханљар ё неши мор? -Аз захми сухан. *** -Кињо тез-тез исмашонро дигар мекунанду касбашонро не? -Дуздон.

Агар аќли расову калла медошт, ба ёди зани бегона худкушї намекард. *** Омўзгори бедандон буду аз ришвахўрї дандонњои тило шинонд. *** Ба кињо аз кору машварат зиёфат бештар маъќул аст? -Ба танпарварони беѓам. *** -Кињо шабро аз рўз фарќ карда наметавонанд? -Онњое, ки њама ваќт дар кайфи араќу нашъаанд. ***

-Аз забони кињо њамеша зањр мечакад? -Љоњилон. *** Барои занони њангоматалабу сабукпой њар рўз либоси нав пўшидан ид аст. *** .Дар замони бозаргонї сари кињо хонаи занбўр барин ѓаввос мезанад? -Аз они љаллобон. *** Кор накарда њам њисбот навиштан мумкин? -Мумкин, ба шарте ки онро касе на талаб кунаду на хонад.

Пушаймонї Зани солхўрдае ба њамкори љавонаш насињат кард: — Сабринахон, зебо мешавам гуфта, ба рўятон њар хел равѓанакро намолед, ки оќибаташ ољинг аст. — Наход, упою рангмолї рўйро ољинг кунад? – пурсид ў. Зани Афандї, ки гапи онњоро мешунид, гуфт: — Дуруст мегўянд: «Ранг бину њол пурс».

Instructions A vulgar woman gives instructions to a young girl, «Sabrinakhon1, you are very attractive. It is not necessary to use so much make up. Your face will be wrinkled». «You don’t mean to say that any make up makes a face look older?» the girl asked. Afandi’s wife, who heard this chat, noted, «They say that even a wall cracks under the plaster!» Сафо њалимї


Точикистон №21