Issuu on Google+

шукурљон зуњуров сахт омад демократия дар њабсхонањои тољик беморї? пул бидењу пул бидењу пул бидењ!!!

с. 2 с. 11 с. 8

№ 8 (1050) 20.02.14 (Оѓози нашр: марти 1992)

Дар ин шумора:

Садама се муовини раис љароњат бардоштанд

с. 2

МоскваДушанбе: «њунар»-и гум кардани дўст

с. 4

Акбари Саттор: Ман истеъфои раисро хостам

с. 5

Путин Аврупоро ба бозї меандозад

с. 6

Тозахабар кўдакдуздон дастгир шуданд

с. 9

«Шањри бехатар»

Зиёии тољик кист

ва наќши он дар љомеа чї гуна бояд бошад? с.3

мошинњо ба чуќурї мезананд

с. 13

Канзи шифо Анор чї хосият дорад ва ба саломати чї фоида дорад?

с. 22


2 Тољикистон

Шариф Њамдамов Раиси шўрои муассисон ва мушовара, Сармуњаррир Усмон Ниёзов котиби масъул

Њайати мушовара: Акбари Турсoн Академик Темур Зулфиќоров Нависанда Мењмон Бахтї Раиси Итињодияи нависандагон Нуриддин Саидов вазири маориф ва илми љт Пиров Мањмадсаид Муовини вазири фарњанг Ќаюмов Нуриддин Академик Масъуди Миршоњї Раиси анљумани «Рўдакї» Абдумудассир Ањмадзода Сармуњаррири сомонаи www.PRESSA.tj Муассис: Њайати кормандони њафтанома Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти №0054/РЗ ба ќайд гирифта шуда, дар матбааи «Мега-print» ба чоп расидааст. Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намекунанд. Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта танњо бо пардохт нашр мешаванд. Масъулияти маводњои хусусияти таблиѓотидоштаро идора ба дўш надорад. Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќтибосњо аз «Тољикистон» иљозати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист. Њуќуќи муаллифии њамаи матолиби шумора ба идораи њафтаномаи «Тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории ЉТ ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Робита: Телефони идора: 238-54-51 Почтаи электронї: tojikiston-1992@mail.ru tojikiston@pressa.tj Шуъбаи эълону реклама: 238-78-78, 601-35-95 Почтаи электронї: tayron@oila.tj Дафтари хабаргузорї дар вилояти Суѓд: Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 15 6-75-23,92- 730-06-50 Шуъбаи фурўш: 93-445-26-12, 221-41-11

њафтае, ки гузашт

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

.tj a s s e r p . w w w з Хабарњо а

3 муовини раис ба садама дучор шуданд

Шариф Абдуллоев, Нурмуњаммад Ахмедов ва Холбї Давлатова, муовинони раиси ноњияи Њисор ба садамаи наќлиётї дучор омаданд. Усмон Сабзов, раиси ноњияи мазкур зимни суњбати телефонї ба «Тољикистон» гуфт: садама рўзи шанбеи 15 феврали соли љорї шуда, дар сари чамбарак Нурмуњаммад Ахмедов буд. Айни замон љароњатбардоштагон дар бемористони Ќарияи Болои шањри Душанбе бистарї мебошанд. Саломатии онњо нисбат ба рўзњои ќаблї бењтар шудааст. Дар њамин маврид Валиљон Табаров, сардори шуъбаи корњои дохилии ноњияи Њисор гуфт, ки вазъи Абдуллољонов вазнин буда, њолати Ахмедов андаке са-

буктар арзёбї мешавад. Ба гуфтаи Табаров, ин садама дар шоњроњи Душанбе-Турсунзода иттифоќ афтодааст. Сардори ШКД-и Њисор афзуд, ин садама бо мошини шахсии худи муовини раиси ноњияи Њисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, њалок гардид. Дар дохили "Опел" њамагї чањор нафар будаанд, ки аз ин њисоб як нафар фавтида, ду нафари дигарашон њоло дар беморхонаанд. Вазъи як нафари дигарашон хуб арзёбї мешавад,-илова кард ў. Аммо то њол ин садама бо гуноњи кї рух додааст, маълум нест ва ташхис њоло љараён дорад ва ба нуќтаи нињоияш нарасидааст.

Задухўрди хонандагони мактаб дар пойтахт Хонандагони мактабњои миёнаи №59 ва №32-и пойтахт миёни њам задухўрд карда, чанд нафарашон љароњатњои вазнини љисмонї бардоштанд. Тавре ки аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон хабар доданд, 17-уми феврали соли равон, тахминан соати 18:20-даќиќа дар кўчаи Маяковский пойтахт ду гурўњи хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии раќамњои №59 ва №32 аз њиссиёти авбошї тартиботи љамъиятиро вайрон намуда, бо њамдигар љангу љанљол намуда, якдигарро лату кўб кардаанд. Дар натиљаи ин бетартибињо аз њар ду гурўњ чанд нафар љароњатњои гуногун

бардоштаанд, аз он љумла, ноболиѓ Љовидон Одинаев, соли таваллудаш 1996 захми халандаю бурранда аз ќисми шикамаш бардоштааст. Дар ваќти гузаронидани чорабинињои фаврї-љустуљўї кормандони милитсия бо гумони даст доштан ба амали авбошї ноболиѓон: Иќболшои Њаќназар, Убайдулло Мунавваров, Ањлиддин Сангинов, Алиљон Муъминов, соли таваллудашон 1997, Амриддин Камолов ва Сайёд Шоназаров, соли таваллудашон 1996, сокинони шањри Душанберо дастгир намуданд. Нисбати ин њодиса парвандаи љиної боз гардида, тафтишот идома дорад.

Шукурљон Зуњуров, Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии љт

Зуњуров сахт омад Шукурљон Зуњуров, Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Тољикистон, ки бо сафаре дар Тењрон ќарор дорад, аз њамтои эрониаш Алии Лоринљонї хостааст, ба њалли бозсозии наќби “Истиќлол” дар аѓбаи Анзоб мусоидат кунад. Њоло убуру мурур аз тариќи ин наќб, ки аз сўйи ширкати эронии “Собир” бунёд шудааст, мушкил шуда, ба гуфтаи маќомот, ба бозсозї ниёз дорад.

Устод Асозода даргузашт

Корманди Кумитаи андоз бо пора ба даст афтод Њалим Касиров, сармутахассиси Кумитаи андози кишвар аз љониби Агентии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон бо гирифтани пора ба даст афтод. Тибќи иттилои Агентии мазкур, сармутахассиси Кумитаи андоз барои дар санади санљишї кам нишон додани маблаѓи љарима, аз соњибони яке аз љамъиятњои дорои масъулияташ мањдуд 10 њазор доллар талаб кардааст. Касиров њангоми супоридани вараќаи санљишї ва гирифтани ќисмати дуюми

маблаѓ дар њаљми 5 њазор доллар аз сўйи кормандони ин нињод рўзи 14 феврал боздошт ва инчунин аз шахси гумонбар далелњои шайъї гирифта шудааст. Манбаъд илова менамояд, алайњи ин корманди Кумитаи андоз дар асоси моддаи 319, ќисми 4, банди “в”-и Кодекси љиноии Тољикистон, яъне аз љониби шахси мансабдор шахсан бо роњи тамаъљўйї гирифтани пора, барои иљрои амали муайян ба манфиати порадињанда, парвандаи љиноятї оѓоз шуда, гумонбар ба њабси пешакї гирифта шудааст.

Шукурљон Зуњуров њини суњбаташ бо Алии Лориљонї гуфтааст, анљоми бозсозии туннели «Истиќлол», ки гоњо мавриди норозигии мусофирону ронандањо ќарор мегирад, ба муносибатњои њар ду кишвар мусоидат хоњад кард. Бо таваљљуњ ба хоњиши Шукурљон Зуњуров, Алии Лориљонї ба нињодњои масъули Эрон дастур додааст, ки мушкилоти сохтмони наќби “Истиќлол” њарчї зудтар бартараф шавад.

18 феврали соли равон адабиётшинос, шарќшинос, мунаќќид, доктори илмњои филология, профессор Худойназар Асозода дар синни 73-солагї аз олам гузашт. Мавсуф зиёда аз ним аср садњо муштоќони илму маърифатро тарбия намуда, аз худ мероси гаронбањои илмиву адабї боќї гузоштааст. Худойназар Асозода 25 декабри соли 1941 дар дењаи Момайии ноњияи Балљувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1963 ба Донишгоњи давлатии Тољикистон дохил шуда, баъди хатми он ба сифати лаборанти калони кафедраи забони

тољикї, аспиранти кафедраи адабиёти советии тољики њамин донишгоњ ба фаъолият пардохт. Баъдан чун дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини тољикии ДМТ (19891992), муовини аввали ректори Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон (1992-1993), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии ДДМТ (1993-1996), декани факултети филологияи тољики ДДМТ (1996-1999), мудири кафедраи забонњои Донишкадаи андоз ва њуќуќ (1999-2004), ректори ДДОТ ба номи С.Айнї (20052008), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии ДМТ фаъолият кард ва то рўзњои охирини умр њамчун профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикї кори илмиву таълимиашро идома дод. Номи неки профессор Худойназар Асозода дар ќалби њамкасбон, њамкорону шогирдон абадї боќї хоњад монд. Ёдат ба хайр, устоди гиромї!


суњбати рўз

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Тољикистон

Зиёии тољик кист

3

ва наќши он дар љомеа чї гуна бояд бошад?

Суњбати хабарнигорони њафтаномаи «Тољикистон» бо доктори илмњои фалсафа, профессор Нуриддин Саидов дар арафаи мулоќоти Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо зиёиёни кишвар. - Нуриддин Саидович, њар сол рўзи 20 март дар арафаи љашни Наврўз мулоќоти Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон бо зиёиёни кишвар доир мегардад. Мехостем ба ин муносибат бо Шумо на њамчун вазир, балки њамчун зиёї ва донишманди шинохта суњбате ороста намоем. Бигўед, ки то кадом андоза ин мулоќот ба пешрафти љомеа, шакл гирифтани тафаккури созандаи зиёиёни мо мусоидат мекунад? - Њамасола мулоќот оростани Президенти кишвар, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бо ањли зиёи кишвар аз таваљљуњи хосаашон ба ин нерўи созанда ва пешоњанги љомеа далолат медињад. Бояд иќрор шуд, ки на дар њар мамлакату на њар Сарвари давлат барои огоњї ёфтан аз маќсаду мароми зиёиён ба ин шева мулоќот меорояд. Ин мулоќот аз як тараф тањлили фаъолияти ањли зиёи кишвар бошад, аз љониби дигар, муколамаи дуљонибаест, ки дар заминаи ошкорбаёнї, эњтиром ва эътимод ба миён меоварад. Ин фазои эътимодро, ки дар пешрафти љомеа наќши боризе хоњад дошт, бояд хирадмандона ва манфиатбахш истифода бурд. Маќсади ман аз ин гуфтањо њамин аст, ки зиёиёни мо њангоми мулоќот бо Роњбари давлат бояд мушкилоти умда, мубрам ва доѓи рўзро пешнињод кунанд, мушкилотеро, ки њаллу фасли онњо дар солњои баъдї барои рушду нумуи давлату миллатамон сарнавиштсоз бошанд. - Дар њаќиќат, љомеа аз њар зиёие, ки дар ин мулоќот ширкат мекунад, чунин як масъалагузориро интизор аст. Шумо, ки чун донишманд эътироф шудаед, кадом масъалањоро дар ин мулоќот ба миён мегузоштед? - Барои мо, зиёиёни тољик чунин фурсат соле як маротиба фаро мерасад. Аз ин лињоз мехоњам, аз фурсати муносиб истифода бурда, масъалањоеро ба миён гузорам, ки њаллу фасли онњо барои давлату миллати азизамон дурнамои таќдирсоз дошта бошанд. Манзур њаллу фасли масъалањое, ки эътибор, обрў ва маќому манзалати давлати азизамонро дар арсаи љањонї боло бурда тавонанд. Аввал, ба њайси мафкураи

Профессор Нуриддин Саидов њангоми суњбат бо Ш.њамдампур ва Ш.Яњёев давлат дар љомеа талќин намудани тафаккури шањрвандї, яъне дар баробари худшиносии миллї, бояд ифтихори ватандорї ва шаъну шарафи шањрвандї ба миён гузошта шавад. Ваќти он расидааст, ки дар Тољикистон ба сифати мафкураи давлат ё худ ѓояи миллї тафаккури шањрвандї тарбия карда шавад. Њамаи халќу миллатњое, ки дар Тољикистон сукунат доранд, њатмист, ки дар атрофи Њукумати Љумњурии Тољикистон муттањид бошанд, Ватани азизи худро, ки Тољикистон аст, дўст доранд, забони давлатии худро чун забони модарии хеш донанд ва арљ гузоранд, ба рамзњои давлатии кишварамон эњтиром кунанд ва аз шањрванди ватани азизамон-Тољикистон буданашон ифтихор дошта бошанд. Монанди он ки амрикоињо, бритонињо, яњудињо ва фаронсавињо ин корро мекунанд. Ба ин хотир, ба њайси мафкураи љамъиятї, бояд масъалаи ифтихори ватандорї, шаъну шарафи шањрвандї ба миён гузошта шавад. Љињати аз љомаи бегонапарастї берун омадани халќият ва миллатњое, ки дар Тољикистон сукунат доранд, шањрвандонро бояд дар руњияи ифтихори ватандорї, садоќат ба давлат ва ба њамин сарзамин тарбия кард. Агар ин кор татбиќ гардад, пойдорї ва бегазандии сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъмин шуда, оромии сиёсї њукмрон, давлат мукаммал ва муќтадир мегардад. Дувум, аз зуњуроти бегонашавї ва бегонапарастї, ки бо роњу усулњои мухталиф аз тарафи нињодњои мафкуравї, њизбу созмонњои љосусї экс-

пансия мешавад, эмин доштани дини мубини ислом, бахусус мазњаби Имоми Аъзам дар Тољикистон ва дар хидмати давлати миллї ва љомеаи Тољикистон гузоштани он аст. Манзури банда ин аст, ки дурдонањои дини мубини ислом њамчун арзиши ахлоќии бузург дар љараёни тарбияи ифтихори ватандорї истифода гардад ва ба њамин васила ба давлати миллї ва ба пойдории сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон хидмат кунад. - Тарѓиби мафкураи шањрвандї сарчашма аз идеология мегирад. Назари баъзењо ин аст, ки давлат бояд идеология надошта бошад. Назари Шумо ба ин масъала чї гуна аст? - Чунин аќида ѓалат аст. Давлат ва идеология-мафкура њамрадифанд. Давлат бе идеология ё худ бе мафкура буда наметавонад. Аммо идеология ё мафкура метавонад давлатї бошад, метавонад давлатї набошад. Бояд тазаккур дод, ки дар илми љомеашиносї ду истилоњ ё худ ду мафњум вобаста ба масъалаи фавќуззикр арзи њастї мекунад. Якум, «идеологияи давлат», дувум «идеологияи давлатї». Дар шеваи русї мафњуми якумро «идеология государства» ва мафњуми дуюмро «государственная идеология» мегўянд. Коршиносон дар атрофи ин ду мафњум бањсу андешаронї мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин ду мафњумро танњо пасванди калимасозии «ї» аз њам људо мекунад. Дар асл ин ду мафњум њаммаъно ва айниятдор набуда, аз якдигар тафовут доранд. Хотиррасон мекунем, ки

мафкураи давлатї њамон замон моњиятан характери давлатї мегирад, агар ба сифати мафкураи давлатї дар банди махсус дар Сарќонуни (Конститутсияи) кишвар ќайд шавад, чи тавре дар замони Шўравї дар моддаи 6-и Сарќонуни (Конститутсияи) он сабт гардида буд. Давлатї гардидани мафкураи миллї, чуноне таљрибаи таърих нишон дод, зуњуроти чандон хуб нест. Дар нињояти кор, он метавонад ба гуногунандешї, плюрализм ва озодињои фитрии инсон монеа пеш орад, зиёда аз ин, сабабгори якандешї, якбинї, тафаккури ќолабї гардад ва дар љомеа манзалати «доварии аќлњо»-ро иљро кунад. Дар натиља, мафкураи давлатї ѓалбери мудњишеро касб мекунад, ки њама идея, арзиш, аќида, кашфиёт ва ѓайра аввал аз он гузаронида шуда, сипас ќобили ќабул мегардад. Мањз аз ин хотир шахсиятњои бузург ва коршиносони варзида њамин пањлўи мафкураи давлатиро написандида, муќобили он мубориза мебаранд ва љомеаи дунявиро, ки дар он њељ як мафкура ва дин дар назди ќонун нисбат ба мафкура ва дини дигар афзалият ва бартарї надорад, мепазиранд ва барои њастии чунин љомеа талош меварзанд. Мафњуми мафкураи давлат бошад, дорои мазмуни дигар аст. Маълум аст, ки давлат бе мафкура буда наметавонад, чунки мафкура њамрадифи давлат аст. Мафкураи давлат маљмўи ѓояњо, назарияњо ва таълимоти љамъиятии шахшуда, барљомонда ва догматикї нест. Он як шакли низоми тактикии бахшњои иљтимої, иќтисодї ва сиёсии фаъолияти давлат дар зинаи таърихан муайяни инкишофи

муносибатњои љамъиятї мебошад. Давлат метавонад вобаста ба зинаи муайяни инкишофи худ онро таѓйир дињад, мукаммал созад ва аз он дар пиёдасозии барнома ва њадафњои миллии худ истифода барад, љомеаро муттањид созад, вањдати шањрвандонро ба вуљуд орад, ифтихори ватандорї ва шаъну шарафи шањрвандиро рушду нумуъ бахшида, сохтори конститутсиониро пойдор гардонад, бехатарии сиёсии љомеаро таъмин намояд. Мафкураи давлат чунин воситаи иљтимої мебошад, ки бидуни истифодаи он фаъолияти пурсамари давлат имконнопазир аст. Таърихан давлат ва мафкура људонопазир њастанд. Ѓайримафкуравигардонї ё худ деидеологизатсия (кўшиши бартараф кардани њама гуна мафкура), ки солњои 90-уми асри ХХ дар фазои пасошўравї вусъат гирифт, барои заиф гардонидани мафкураи коммунистї мусоидат мекард. Агар бањои воќеї дода шавад, худи «ѓайримафкуравигардонї» як навъи мафкура аст. Љойи бањс њам нест, ки агар фардњо, гурўњњои одамон њељ ягон тасаввуроти ѓоявї надошта бошанд, пас онњо ба сифати субъекти иљтимої баромад карда њам наметавонанд. - Хуб, идеологияи давлат метавонад идеологияи миллї бошад? - Метавонад. Њамчунин метавонад дар заминаи идеологияи шањрвандї шакл гирад ва тамоми шањрвандони давлатро ба њам орад. Дар чунин сурат давлатро новобаста аз мансубияти динию мазњабї ва миллию ќавмї наљот дода тавонад. Ин чизи нав нест. Пайроњаи дар таърих суфташуда аст. Њељ гоњ идеологияи миллии миллатњои хурд ба миллатчигии бузург бурда намерасонад. Њатто Владимир Илич Ленин барин назариячии бузург дар замони худ мегуфт, ки идеологияи миллї њамон ваќт хавфу хатар пайдо мекунад, ки агар он ифодакунандаи манфиатњои миллатњои бузург бошад. Монанди пантуркизм, фашизм, пансловянизм, панисломизм ва ѓайра. Бояд тазаккур дод, ки мафкураи миллии давлат аз донишу арзишњо бунёд гардида, њадафу тамоюли инкишофи љомеаро равшан месозад. Мафкураи миллии давлат ба низоми давлатдорї марбут буда, фаъолияти ошкорои сохторњои њокимиятии онро таъмин месозад, ба давлат ва нињодњои он характери миллї мебахшад. (Давомаш дар сањ.12)


4

дидгоњ

Тољикистон

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Маскав-Душанбе:

«Њунар»-и гум кардани дўст

Чаро дўстони Русия љомаи душманї ба бар мекунанду ин кишвар шарикони стратегии худро аз даст медињад? Сабаб чист, ки муњољирони мењнатї ќурбони бозињои сиёсї мегарданд? Ин ва дигар масъалањо дар нашрияи «Военное обозрение»мавриди бањси нависанда, рўзноманигори рус Александр Росляков ва сармуњаррири њафтаномаи «Тољикистон» ќарор гирифтааст.

Александо Росляков нагўянд, ў хизмати бузургеро анљом дод: ў оташи љангро хомўш кард. Аммо берањмии русии шумо то имрўз боќї монд. Мо чанде пеш чопи нашрияеро барои тољикони Русия ба роњ мондем. Он наќши мавњи бесавдиро мебозад: чї тавр бо пулис бояд муносибат кард, дар њолати зарурї ба кї бояд мурољиат намуд. Дар ин замина ман бо роњбарони љамъиятњо дар тамос њастам ва ба наздикї сарвари љамъияти тољикони Челябинск чунин њодисаеро наќл кард: ду тољик оњанпора љамъ меоранд ва дар нуќтаи ќабул ба онњо нисфи маблаѓашонро медињанду мегўянд, ки барои боќимондаи маблаѓ рўзи дигар биёянд. Аммо шабона соњибони ин нуќтаи ќабул ба назди ин тољикон омада, онњоро пора-пора мекунанд ва пулашонро мегиранд (Њарчанд њамдигарро мешинохтанд ва солњо њамкорї доштанд). Аз куљо дар вуљуди шумо русњои хуб ин ќадар њисси бадбинї нисбати муњољироне, ки барои шумо мењнат мекунанд, пайдо шудааст? Агар онњо лозим набошанд, рўйрост гўед ва омаданашонро манъ кунед. Аммо ин чи кор аст, ки даъват мекунеду баъд бо онњо аз саг њам бадтар муносибат мекунед? Дар Аморати Араб њамагї 10 фоиз ањолии тањљої њаст, боќимонда њама муњољири мењнатї. Аммо дар он љо ба њама инсонвор муносибат мекунанд ва он мушкилоте, ки дар Русия нисбати

муњољирон њаст, мављуд нест. Њарчанд дар Русия муњољирон њамагї ќариб дањ фоизро ташкил медињанд. -Шояд барои Аморат гастарбайтерњо зарур бошанд, аммо дар Русия онњо барои мансабдорони бевиљдон ва тољирон њамчун ќувваи кории аз њама арзонтарин лозиманд. Дар мо, дар сатњи боло чунин аќида њукмрон буд, ки русњо њамчун кўчарўб, њазинадорон, танзимгарони соњаи коммуналї (ЖКХ) кор намекунанд. Аммо баъд аз мољарои Бирюлово касе супориш дод, ки Маскавро аз муњољирон холї кунанд. Дар хонае, ки ман зиндагї мекунам, љойи тољикони кўчарўбро як љуфти рус бо майли тамом иваз намуданд, ки мењнатдўстанду араќ њам менўшанд. Ба љойи ќирѓизњои ��арќчї ва таъмиргарон мутахассисони худї омаданд ва

7

Чаро Фаттоњ Саидов номашро ба Абдуфаттоњи ѓоиб иваз кард?

Намедонам

12%

Барои баланд бардоштани имиджи худ

30%

Пайравї ба дигар роњбарон 58%

Сари роњ, њангоми сафар ба Исроил дўсти куњанбунёдам Шарифи Њамдампур наздам ташриф овард. Њарчанд дўстони љонї дар Маскав њастанд, вале сафи шарикони тиљоратї дар ин кишвар рўз то рўз кам мешаванд… Замоне мо бо Шариф тамоми Тољикистонро ќадам задем, ба кўњњои Помир баромада будем. Чун тољикон мардуми мењрубон ва мењмоннавозро дар њељ гўшаи дунё надидам. Хирадмандони бадахшониро соатњо бо њаяљон гўш мекардам. То њол шеъреро, ки аз забони бадахшоние шунида будам, бо завќ ба ёд меорам: Касе Ватанро дўст медорад, барои он азият мекашад, Касе хирадро дўст медорад, овора аст. Касе шеърро дўст медорад, бол дорад Ман шоири њалќи худ њастам Аммо имрўз бо дидани он љавонони тољик, ки ба умеди чанд танга ѓуломвор барои шустан рўйи мошини моликони бўстонсароњо мерезанд, бароям дардовар аст. Дар ин бора андешаи Шариф чунин аст: - Сабаби ба ин њол гирифтор шудани муњољирони мо љанги шањрвандии солњои 1992-1997 аст. Дар он љанг шумораи ќурбоншудагон аз ќурбониёни Љанги Ватанї њам бештар буд. Бисёр дањшатовар буд. Барои душманон куштани њамдигар кифоя набуд, мебоист падари душмани худро пайдо куниву пўст канї ва ўро ба љўйбор андозї, ки он љо љон дињад… - Чаро мардуми хуб ва сулњпарвари шумо баъд аз пошхўрии Шўравї чунин вањшї гардид? - Чаро миёни мардуми хуби руси шумо дар солњои 90 ин ќадар љинояткорон пайдо шуданд? Таърих шоњиди њодисањои гуногун аст, аммо ќалби мардум муаммо барои хирадмандон боќї мемонад. Мављи ин тўфон пушти сар шуд. Дар бораи Президенти мо Эмомалї Рањмон њар чи

ѓайра. Ба тољикон аз се як њиссаи маошро дињанд њам кифоя аст, боќимонда ба киссаи кироягир меравад. Бо моњонаи пурра худињо тайёранд љойи бегонањоро гиранд. Ана ба ту манбаи бадбинї: дар мо мансабдорони дуздро бад мебинанд ва бадбинї нисбат ба муњољирон, њамчун шарики онњо низ ана њамин тавр пайдо мешавад. Аммо чаро њамќавмони ту ба ин нигоњ накарда ба назди мо меоянд? -Дар Русия њоло таќрибан 900 њазор муњољири тољик кор мекунанд ва ин шумора аз муњољирони дар Хитой, Эрон, Аморат ва ѓайра буда дар якљоягї бештар аст. Сабаб: тафаккури ягонаи фарњангї, ки замони Шўравї шакл гирифта буд ва њоло боќї мондааст. Дар кишварњои дигар ба муњољирон се баробар зиёдтар музд медињанд, аммо намераванд. Ба Эрон њам, ки њамзабони мост, намераванд. Њатто дар ботини љавононе, ки Шўравии собиќро дар ёд надоранд, чунин як боварие њаст, ки Русия –ин ба дил наздиктару худї аст. Метавон гуфт, ки ин боварї дар хуни онњост ва онро њатто њамаи гуфторњо дар якљоягї дар бораи тањќирњо аз љониби русњо аз байн бурда наметавонад. - Чаро дидаю дониста љавонони шумо худро бо коми ин тањќирњо меандозанд? Маълум мешавад, ки зиндагї дар ватан аз ин њам бадтар аст? -Ин ду сабаб дорад. Халќи мо дорои маданияти хеле ќадима аст, ки Рўдакї, Абуали ибни Сино, Љомї, Фирдавсї намояндагони он њастанд. Аммо шумо имрўз симои ин халќро танњо дар дасту бозувонаш мебинед, на аќлу идрокаш. Ба Русия зиёиёни мо намеоянд, онњо дар Чин ва Ѓарб барои худ љой меёбанд. Ман боре, ваќте ки ба Амрико сафар доштам, њампањлўям як зан-профес-

8

сори Донишгоњи ба номи Ломоносови Маскав буд. Ў гуфт: «Дар Маскав бояд њайкали тољики дар даст љорўбро гузошт. Онњо моро аз ифлосии чандинсола халос карданд». Шунидани ин суханон бароям нанговар буд, аммо њаќиќат чунин аст. Бар иллати набудани љойи кор ба Русия аслан љавонони дењотї меоянд ва онњо сахт пойбанди калонсолон, расму русум ва волидон мебошанд. Дар Русия чунин љавонон аз пойбандї ба озодї мебароянд: худашон ба худаш хўљаин… Барои ў ин як санљишест, ки ё шоњ мешавад ё гадо. Ў дар ин љо барои љињози тўй ё ягон ниёзи дигараш пул љамъ мекунад, вале мутаассифона, ин маблаѓро ба сарфи соњибкорї намекунад. Пулро сарф мекунаду боз рў ба Русия меорад. Ман умуман муќобили чунин гастролњо њастам: бояд зиндагии шоистаро дар ватан ёфт, на дар мулки бегона… -Бале, вакте, ки ману ту њанўз дар даврони Шўравї ба Помир сафар кардем, маро муносибати мардум бо Абуали ибни Сино ба њайрат гузошт. Ўро на њамчун як шахси таърихї, балки њамчун як љавони чобук аз дењаи њамсоя ном мебурданд. Дар ёд дорї, ба мо мегуфтанд, ки ў ба љуз дарди аљал, дигар ба њамаи дардњо даво мебахшид ва боз дар бораи он мегуфтанд, ки ба вай пеш аз марг ба ў муошират бо занњоро манъ карда буданд. Аммо нафаре њарами худро таќдим мекунад ва ў дар сари синаи зан љон медињад. Сабаби дуюмаш чист? -Ин сабаби асосї аст. Дар Тољикистон аз соли 1976 инљониб сохтмони НОБ-и аз њама бузургтарин дар минтаќа-Роѓун идома дорад, ки ту дидаї. Он ќариб омодаи фаъолият аст, Афѓонистону Покистон ва Ўзбекистонро бо барќ таъмин карда метавонад. Нафаре аз Иттињоди Аврупо ба ман гуфта буд:

Пурсишномаи њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj»

Куштори сардори СИЗО-и Кўлоб Умар Ќаюмов чї ангеза дошт?

a) Фармоишї буд б) Мањбус ќасос гирифт в) Намедонам Эзоњ:

Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.


мавзўи рўз

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014 «Њоло дар дунё њамаи љангњо барои нафт мебошанд. Шумо аз нигоњи захираи нафт доро њастед!» Ман дар оѓоз нафањмидам. Баъд ў шарњ дод: «НБО-и Роѓун-ин чунон манбаи энергияе њаст, ки њамагуна нафтро бо як нул мезанад». Аммо кишвари њамсоя намегузорад, ки мо онро ба кор андозем. -Чї тавр, барои чї? -Он душмании ќадима, ки дар замони мављудияти СССР њамеша пинњон карда мешуд, имрўз рўйи об зад. Соли 1924 Тољикистон њамчун автономия дар њайати Ўзбекистон буд ва имрўз њукуматдорони ин кишвар мехоњанд, ки ба он њолат баргардем. Онњо сиёсати муњосираи иќтисодиотро нисбати мо пеш гирифтаанд ва њатто ба роњбарони мо чунин пешнињод њам кардаанд: барои ворид шудан ба њайати мо розї шавед, сандуќатон аз тилло мешавад, метавонед беѓам дар бењтарин истироњатгоњи дунё дам гиред. Аммо роњбарони мо бо ин роњ надоданд. Ноби Роѓун –ин роњи наљоти мост ва барои њамин дар муњосираи иќтисодї ќарор гирифтем. Кашонидани борњои сохтмони НОБ аз тариќи роњи оњан тавассути кишвари њамсоя манъ аст ва ба мо лозим омад, ки бо харљи зиёд онњоро бо тайёра аз Украина ва Русия интиќол дињем. -Ин бо муњољирон чї муносибат дорад? -Агар мо Роѓунро ба кор андозем, иќтисодиёт зуд рушд менамуд, љойњои кори зиёде пайдо мешуданд ва барои ба кор, ба Русия рафтан дигар њољат намемонд. Дар мо ягона корхонаи алюминбарорї дар Осиёи Марказї њаст, ки мањсулоташ серхаридор мебошад. Мањсулоти хоми он аз Русия ва дигар кишварњо дастрас мешавад, вале чун мо бо Русия марзи муштарак надорем, овардани хокаи алюминий аз тариќи Ўзбекистон бо њар роњ ба мушкилињо рў ба рў мешавад. Дар замони Шўравї аз мо ба шумо эшелонњои зиёди мева мерафт ва ту ангуру анор, харбузаю зардолуи моро дар ёд дорї! Ин ба ту Туркия нест, ки њоло мањсулот бо гидропоника (сунъї) рўёнида мешавад ва ягон лаззат надорад. Ин мањсулотест, ки дар љањон њамчун намунаи олии сифат эътироф шудааст. Мо њатто ин мањсулотро ба шумо равона карда наметавонем, чунки боз мушкилоти роњи оњан дар миён аст. Чанд сол пеш роњи оњанро дар марзи вилояти Хатлон хароб карданд. Мо мехостем, ки ба љойи муњољирон ба Русия меваљот, шароб, алюминий равон кунем. Агар ин мумкин мешуд, анна њамон љавонони дењотї дар боѓу токзори худ мењнат мекар-

данд ва љони худро ба хатар андохта барои кўчарўбї ба Русия намерафтанд -Агар Ўзбекистон шуморо мавриди бумбаст ќарор дода бошад, Русия чї кўмак расонида метавонад? -Ўзбек дар Русия чанд маротиба аз тољикон бештар аст. Агар тољикон сохтмон кунанду кўча рўбанд, узбекњо соњиби бозоранду тољират. Як хоњиши Русия басанда аст, ки Ўзбекистон нисбати Тољикистон роњбандињояшро бас кунад. Барои ин Ўзбекистон шуморо бештар эњтиром хоњад кард: Дар Шарќ нисбати зўри бозў эњтиром доранд! Тољикистон бошад, ба по рост шуда. шуморо аз мављи њероини афѓонї бењтар муњофизат мекунад. Мо ба шумо харбуза меовардем, на дар шиками аз камбаѓалї ба марг розї шудаи як худкуш њероин !Мо аввалин ташаббускори созмон додани Иттињоди гумрукї будем ва њанўз соли 1996 ќонунгузории худро ба оинномаи он мувофиќ намудем. Мо љонибдори ворид шудан ба ин Иттињод њастем. Аммо ба мо мегўянд, ки шумо бо Русия марзи муштарак надоред, бигзор аввал Ўзбекистон ё Ќирѓизистон ба он шомил гарданд. Аммо чи метавон гуфт Арманистонеро, ки он њам бо Русия њаммарз нест? -Ту барои чї ба Исроил парвоз мекунї? -Дар њайати мањфили сармуњаррирон (Манзур мањфили сардабирони ИДМ, Балтика ва Гурљистон аст). Барои ман ѓамангез аст, ки дар ин роњ њам Маскав њамчун як гузаргоњ хизмат мекунад. Тољикистон бо он њама норозигие, ки аз Русия дорад, боз њам ба сўйи Русия менигарад, аммо Ўзбекистон ба сўйи Ѓарб. Чаро дўстонро аз худ дур месозед? Чунин ба назар мерасад, ки Русия машѓули ким кадом як бозии ѓайри холисона ва баъзан чунин ба назар мерасад, ки бозии ѓайримустаќилонаро ба роњ андохтааст. ВКХ-и шумо як чизро ваъда медињаду баъд боз мегўяд, ки нашуд, намехоњем, ки муносибатамонро бо дигарон вайрон кунем. Дар натиља мо бо Чин бештар наздик мешавем. Зеро шиори он «гуфтам, мекунам!» аст. Азбаски мо њоло дар муњосира ќарор дорем, гуфтаи онро ќабул мекунем ва айни замон ду хатти роњи оњан аз тариќи кишвари мо ба сўйи Афѓонистон кашида мешавад. Мо мехоњем бо Русия бошем, мо барои он сохтмонњое, ки дар даврони СССР кардааст, аз ў миннатдорем. Аммо чун ў моро пушти по задаст, маљбурем рўй ба раќибони ў орем. Касе, ки аз дўстони худ рўй мегардонад, оќибат якаю танњо мемонад. «Военное обозрение» Тарљима аз русї

Тољикистон

5

Акбари Саттор:

Ман истеъфои раисро хостам

- Мо дар арафаи Рўзи матбуоти тољик, ки њамасола 11 март љашн гирифта мешавад, ќарор дорем. Ба ибораи дигар, инро љамъбасти фаъолияти солонаи Иттињоди журналистон низ метавон ном бурд. Соле, ки сипарї мешавад, Шумо бо чї ифтихор карда метавонед? - Мо мавзўе надорем, ки боиси ифтихор бошад. Мисли дигар нињодњои журналистї ба кори њамарўзаи худ машѓул њастем. Дар давоми 1 сол Иттињоди журналистон коре анљом надодааст, ки боиси ифтихори њамагон гардад. Ба ин нигоњ накарда, корњои њамарўзаи худро анљом медињем. Масалан, дар ин давра бо якчанд нињодњои давлатї ва ѓайридавлатї беш аз 10 озмунро миёни журналистон ва рўзномањо гузаронидем. Њамчунин, 70 фоизи энсиклопедияи журналистии тољикро тањия кардем. Ният дорем, ки то охири сол нусхаи электронии онро ба тамоми журналистон пешнињод намоем, то ин ки ягон журналист аз назар дур намонад. Дар китоби энсиклопедия таърихи журналистикаи тољик ва маълумот дар бораи журналистон гирдоварї шудааст. Дар ин љо низ мо мушкилот дорем. Ваќте аз роњбарони рўзномањо хоњиш мекунем, ки барои сабукии кор дар бораи кормандон, рўзномаи худ маълумот пешнињод намоянд, онњо ин хоњишро иљро намекунанд. Танњо ваъда медињанду амал намекунанд. Ман боварї дорам, ки агар дастгирии журналистон бошад, Иттифоќ корњои зиёдеро метавонад ба анљом расонад. Аммо ваќте мебинанд, ки аз иттифоќ чизе гирифта наметавонанд, дастгирї њам намекунанд. -Мегўянд, ки замони Шўравї Иттифоќи журналистон маљаллае бо номи «Журналист» дошт. Дар он масоили касбии журналистика мавриди бањсу муњокима ќарор мегирифт. Имрўз ба њамин монанд ягон нашрияе њаст? – -Бале, иттифоќ нашрие бо номи «Сухан» дорад. Баъди аз ќайд гузаштан, мо 7 шумораи «Сухан»-ро њафтае як маротиба чоп кардем. Аммо бо сабабњои молиявї он аз чоп бозмонд. Шояд дар оянда онро ба моњнома табдил дињем. Агар идораи рўзномањо ба миќдори 10 донагї обуна шаванд, мо метавонем, 1000 то 1500 нусха чоп кунем. -Њамасола дар арафаи Рўзи

матбуот баъди супоридани Љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи Абулќосим Лоњутї, бањсњои зиёде сурат мегиранд, ки он гўё ѓайриобъективона сурат гирифт. Имсол љамъбаст чї гуна сурат мегирад? -Ин масъалањое њастанд, ки дар љаласаи љамъбастии раёсати Иттифоќи журналистон аз љониби аъзои раёсат ва худи раиси Итттифоќи журналистон зери танќид ќарор гирифт. Бинобар ин, комиссияи махсуси љоиза дар ин самт кор карда истодааст. Роњбарии ин коммиссияро Умари Шерхон бар уњда дорад.Љоиза дар 4 бахш, яъне ТВ, радио, матбуот, тадќиќоти журналистї супорида мешавад. Азбаски мо мабалаѓи ин љоизаро сари ваќт таъмин карда наметавонем, ќурби онро паст мекунад. Аслан, барои ин љоиза нафароне мубориза мебаранд, ки сазовор нестанд. Дар байни журналистон чењрањои

арзанда њастанд, аммо худашон пешнињод намекунанд. Баъзе журналистоне њастанд, ки факат аз пайи озмунњову лоињањо мегарданд. -Маблаѓи љоиза чї ќадар аст? -Зиёд нест, њамагї 1000 сомонї барои 1 нафар аст. Боз аз ин њисоб андоз ситонида мешавад. -Имрўз дар Тољикистон созмонњои зиёди журналистї таъсис ёфтаанд. Иттињоди журналистон миёни онњо худро чї гуна эњсос мекунад? -Мо бо њамаи созмонњои журналистї њамкорї дорем. Маќсади њамаи мо дастгирї кардани журналистикаи тољик мебошад. -Шумо афзудани созмонњои журналистиро чї гуна шарњ медињед? -Аслан, пеши роњи ин созмонњоро гирифта наметавонем. Баъзењо дар њамин самт мехоњанд, ки кор кунанд ё маблаѓ ба даст оранд. (Давомаш дар сањ.15)


6 Тољикистон

нигоњи дигар

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Путин

Маълумотномаи

Аврупоро ба бозї меандазад Русия аз нав Венгрияро ба худ љалб мекунад? Рўзномаи «L’Espresso», Италия Мавзўи муњими рўзнома чунин аст: «Венгрия, Украина ва амалњои ноаёни Путин». Рўзнома менависад, агар Владимир Путин ба маќсади худ расад, шояд мо битавонем ба буњрони Украина њамчун сароѓози муќобила миёни Русия ва Ѓарб дар раќобат барои сарнавишти собиќ кишварњои Иттињоди Шўравї назар андозем. Дар њоле, ки дипломатњои ИМА ва ИА нисбати љузњои хурдтарин атрофи Майдон мубоњисаро идома медињанд, Русия бе ягон ѓавѓо робитањои иќтисодї ва сиёсиашро бо кишварњое, ки дуртар дар Ѓарб љойгиранд, васеъ месозад. Њафтаи гузашта парлумони Венгрия лоињаи сохтмони ду реактори навро дар ягона станцияи электрикии атомии кишвар дар Пашк ќабул кард, ки комилан аз љониби Русия бо маблаѓи 14 млрд дол. сармоягузорї мешавад. Рўзнома менависад, ки гумон аст, ки Русия мехоњад ин лоињаро бо маблаѓи калон сармоягузорї намояд ва гузорад, ки Венгрия аз воридоти энергеткии Русия камтар тобеъ бошад. Пас маќсади он чист? Русия дар иваз чї мехоњад? Венгрия айни замон ќисмати зиёди ниёзњои энергетикиашро аз њисоби воридоти нафт ва гази табии аз Русия таъмин мекунад. 40 дарсади ниёзњои боќимонда аз њисоби ќувваи электрикї рўйпўш мегардад, ки дар станцияи электрикии атомии Пакше коркард мешавад. Русия кўмаки худро пешнињод кард, аммо дар иваз ин кишвар њуќуќ пайдо мекунад, ки дар муайян кардани арзиши ќувваи электрик, дар њамин станцияи электоронї, баъд аз он ки соли 2023 реакторњои нав мавриди истифода ќарор мегиранд, иштирок намояд. Мунаќидон ба он назаранд, ки ин гуна созишнома Венгрияро, ки аллакай дар соњаи таъмини энергия ба Русия такя мекунад, дар оянда пурра аз ў вобаста месозад. Намояндагони мухолифони Венгрия даъво доранд, ки шартномаи имзошуда барои раќобат боз набуд, њарчанд сарвазири ин кишвар Виктор Орбан ин даъворо инкор мекунад. Кисме аз намояндагони мухолиф ќатъномаи мазкурро табадуллоти давлатї меноманд. Рўзнома менависад, ки ду чизи монанд миёни вазъияте, ки дар њоли њозир дар Венгрия аст ва он драмае, ки дар Украина идома дорад, ба назар ме-

расад. Дар њар ду њолат Путин ќобилияти худро дар истифодаи дипломатияи иќтисодї барои васеъ намудани мавќеи Русия дар собиќ љумхурињои Шўравї нишон дод. Дар њар дуи ин њодиса, дипломатњои ѓарбї натавонистанд тўфони дар пеш истодаро эњсос намоянд ё худро чунин вонамуд карданд, ки гўё натавонистанд эњсос намоянд. Рўзнома менависад, ки ба њар њол, дар бисёр масъала махсусан фарќият миёни воќеањои Украина ва Венгрия барои Иттињоди Аврупо вазъияти Венгрия душвортар аст. Дар тафовут бо Украина, Венгрия аъзои Иттињоди Аврупо ба шумор меравад, аз ин лињоз амали Русия барои ИА иѓвоангезтар аст. Дар њодисаи Украина њам мањз фишорњои Русия њукумати ин кишварро ба он водор намуд, ки аз созиш бо ИА даст кашад, акнун ИА бояд ќарордоди Венгрияро ба эътибор нагирад, ки дар натиља метавонад ба ихтилоф биёрад. Аммо љавоби роњбарони Ѓарб ба даъвати Путин дар Венгрия як санљиши муњими дигар барои онњо мегардад.

Оланд ва Обама аз Путин норозианд Рўзномаи « The Washington Times», Амрико Мавзўи муњими рўзнома: «Обама ва Олланд сиёсати Русияро нобуд мекунанд». Рўзнома менависад, ки президенти Амрико Барак Обама ва њамтои фаронсавиаш Франсуа Олланд изњор намуданд, ки якдилона ќуввањои мухолифи Сурияро дастгирї мекунанд ва президент Путинро ба он гунањгор намуданд, ки дасти ў ба хуни мардуми Сурия тар аст. «Ин танќиди бисёр сахт аст, ки дар замони бозињои Олимпии Сочи садо дод. Дар замоне, ки одатан ављи бањсњои байналмилалї пасттар мегардад», -менависад рўзнома. Њамчунин, Обама ва Олланд ёдовар шуданд, ки имкониятњояшон мањдуд аст. Русия зиддияти худро ба ќарори СММ ќувват дод. Ба назари коршиносон, фишор ба Русия, метавонад танњо таъсири мањдуд гузорад. Олланд мегуяд:«Чї гуна метавон ба долонњои гуманитарї зид баромад? Чаро барои ба овоздињї баровардани ин ќарор бояд монеа шуд, агар ягона маќсад наљоди њаёти мардум бошад?», Рўзнома менависад, ки ба назар мерасад, ки олимпиада нофањмињо миёни Русия ва «бадхоњонаш»-ро њамвор накард. Обама, Олланд ва бисёре аз дигар роњбарони ѓарбї дар оѓози олимпиадаи Сочи њузур надоштанд.

Њамчунин, рўзнома менависад, ки дар нишасти матбуотї Обама ва Олланд кўшиш намуданд то якдилона вобаста ба масъалаи Эрон изњори назар намоянд. Воќеан, пеш аз њамоиш маъмурияти ИМА боздиди њайати калони тиљоратии Фаронсаро ба Тењрон сарзаниш кард. Обама ширкатњои ѓарбиро, ки кўшиши бо Эрон шартнома бастанро доранд, љиддї огоњонид. Олланд дар ин њол изњор намуд, ки ў гурўњњои тиљоратии хусусии Фаронсаро зери назорат надорад.

Ќазоќистон худаш пулашро беќурб кард Рўзномаи «Новые известия», Россия Мавзўи муњими рўзнома: «Ќазоќистон барои беќурбшавии асъораш имкон дод». Тавре рўзнома менависад, тайи њафтаи равон бисёре аз кишварњое, ки иќтисодашон дар њоли рушд аст, бо пастшавии ќурби асъор рў ба рў шуданд ва ба хулосае омаданд, ки фоизи миќдори маошро афзоиш дињанд. Аммо ба ин масъала Бонки марказии Ќазокистон ба тарзи дигар амал кард ва изњор намуд, ки ба поёнрафти пули миллиаш-тенге иљозат медињад. Тањлилгарон ба он назаранд, ки ин амал нишондињандаи хусусияти хоси вокуниши Ќазоќистон ба фишорњои љањонї мебошад ва ба ин пастшавии ќурби асъори рубли њамсоя сабаб шудааст. Иќтисодчии Citigroup дар Маскав Иван Чакаров мегўяд: «Сабаби асосие, ки Бонки марказї беќурбшавии пулро пазируфт он аст, ки ин кишвар ташвиши аз даст додани раќобатпазирї дар муносибат бо шарики асосии тиљоратии худ Русия мебошад». Рўзнома менависад, ки дар ин њол, Бонки марказии Ќазокистон изњор намуд, ки умедвор аст то беќурбшавии пул устувории иктисодиро дар ваќти таѓйирёбии ќурби асъор дар дигар бозорњои рушдкунанда кафолат дињад, беќурбшавї ё инфляция кам гардад ва раќобатпазирии ширкатњои мањаллї аз нав барќарор карда шавад. Ин бонк рўйрост системаи Федеролии захиравии ИМА-ро ба ноустуворї гунањгор намуд.

Молдова њам узви Иттињоди Аврупо мешавад, аммо… Рўзномаи «Молдовские ведомости», Молдова Мавзўи муњими рўзнома чунин аст: «Молдова ба куљо меравад?».

Рўзнома менависад, ки чаро баъзењо дар Молдова Аврупои муосирро мустамликачї ном мебаранд ва даъват мекунанд, ки он ба зудї аз Созишномаи вобаста ба иттињоди дар Велнюс баста шуда даст кашад, дигарон бошанд, бо исрор нисбати ИА њамчун ягона роњи дуруст барои рушди кишвар, тарѓибот мебаранд? Чаро таљрибаи дигар кишварњо метавонад барои мо омўзанда бошад? Дар ин бора ва масъалањои дигар иштирокдорони мизи гирд - «Молдова дар шарикии Шарќ пас аз Вилнюс» баррасї намуданд, ки аз љониби Ассамблеяи шањрвандии Хелсингии Молдова ташкил шуда буд. Мавќеи иттињодияи Аврупоро дар муносибати лоињаи шарикии Шарќї ва дурнамои иштироки кишвари моро дар он намояндаи њайати ИА дар Молдова Уишер Шлахтер њимоя кард. «Созишнома оид ба иттиход-ин як шартнома, мисли њар кадоми дигар, барои њар ду љониб муфид аст. ИА онро на барои бурд кардан дар раќобатњои геполитикї ва соњиби бозори нав шудан мебандад, ки моро ба он гунањгор мекунанд, - изњор намуд Уишер. - Барои ИА њамсоягї бо демократияи устувор лозим аст». Рўзнома менависад, ки бо њамаи ин ИА ба ихтиёри кишвар асбобу анљоми хуберо барои эљоди устувории демократия дар тамоми бахшњояш вогузор месозад ва ин ба нафъи худи Молдова аст. Њамчунин, Аврупо барои кишвари мо њуќуќи озодї ба бозорашро пешнињод мекунад. Парлумони Аврупо омодааанд, ки ба низоми бераводид барои шањрвандони Молдова раъй дињанд ва аллакай њамин тобистон онњо метавонанд ба ИА њамчун сайёњ, донишљў ва тољир сафар кунанд. Ин низом ба кор таъмин намуданро дар Аврупо кафолат надињад њам, аммо дар њама њолат он ба нафъи Молдова аст. Шлахтер таъкид намуд, ки баъд аз иттињод бо Аврупо ва таъсиси тиљорати озод содироти Молдова то 16 дарсад ва ММД ин кишвар то 5 дарсад афзоиш хоњад ёфт. Њодисањои Украинаро ў мисол оварда, зикр намуд, ки њукумат зидди хоњиши мардумаш баромад карда, халќашро аз андешаи озод мањрум сохт.

Алексаандр Золотинскович Анкваб, президенти Абхазистон Александр дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ў соли 1974 факултаи њукуќшиносии Донишгоњи давлатии Ростов ва соли 1987 Академияи илмњоро хатм намудааст. Маълумоти њуќуќи дошта, собиќаи кориаш њам дар муассисањои муњофизатии давлатї зиёд аст. Александр ба мазњаби насронї эътиќод дорад ва фаъолона зидди исломгароии Абхазистон баромад намудааст. Њамчунин ў љонибдори наздикї бо Русия буда, муборизи ришваситонї ва риояи ќонун аст. Дар љумњуриаш Анкваб њамчун сиёсатмадори сахтгир ва бенињоят пўшида машњур аст - ў бо дили нохоњам бо ВАО муносибат мекунад. Аммо худи ў изњор медорад, ки муносибаташ бо ВАО хеле хуб аст. Анкваб дар вазифањои роњбари шуъбаи сиёсии ВКХ, Вазири корњои хориљии Љумњурии Абхазистон фаъолият кардааст. Тирамоњи соли 1993 аз даъват ба вазифаи Вазири адлия дар њукумати В. Ардзинбе даст кашид… Дар солњои 1994 - 2000 Анкваб дар Маскав зиндагї мекард ва ба тиљорат, фаъолияти сиёси- љамъиятї машѓул буд. Соли 2004 наќшаи дар интихоботи президентии Абхазистон иштирок карданро дошт, аммо номзадиашро пешбарї карда натавонист. Ў 14 феврали соли 2005 сарвазири Љумњурии Абхазистон интихоб гардид. 7 декабри соли 2005 Анкваб ба сафири Амрико дар Гурљистон Љ. Теффт изњор намуд: Абхазистон ба ягон кас тааллуќ надорад ва ин кишвар њуќуќи ќонуние барои озод будан дорад». Баъдан 21 майи соли 2011 бо сабаби бемории президенти амалкунанда Сергей Багапш, муваќаттан иљрокунандаи вазифаи президенти Абхазистон буд ва пас аз марги ў 29 майи соли 2011 3 моњ вазифаи сарварии давлатро иљро мекард. Пас интихоботи пеш аз муњлат эълон карда шуд ва 26 августи соли 2011 Анкваб дар даври аввали интихобот бо 54,86 дарсади раъй президенти Љумњурии Абхазия интихоб гардид. Алекса́ндр Золоти́нскович Анква́б шањрванди Абхазистон ва Федератсияи Русия аст. Ў аз соли 1983 бо Римма Василевна Лакобе оиладор аст ва соњиби ду писар - Александр ва Инала мебошад.

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: barno@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


муњољир

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Љамъияти тољикон Мушкилот ва ниёзњои муњољири тољик

Муњољират ба як раванди муњиме дар љомеаи мо табдил ёфтааст. Муњољирон наќши бузурге дар баланд бардоштани сатњи иќтисодии сокинони Тољикистон мебозанд. Ин раванд чї гуна аст ва чї тавр идора мешавад? Њамсуњбати мо раиси љамъияти тољикони Челябинскии Русия Исломуддин Раљабов - Андешањои мухталиф атрофи љамъияти тољикони Русия баён мешаванд: раќобати носолим, мубориза барои нуфуз, истифода аз муњољирони њанўз роњу равиши худро пайдо нокарда… Љамъияти тољикони Челябинск дар кадом замина ба миён омад? - Дар љойи холие, ки ягонагї, пайванди њам, як тану як дил будани тољиконро таќозо мекард. Парешонї роњ ба нестист. Муттањидї нерўест, ки ба фатњи ќуллањо мебарад. Ин аст заминаи бунёди љамъият. Бунёдгузори он Муњаммадназар Бодавлат аст. Ў љамъиятро соли 2002 бунёд гузошта аст. Баъдан ба Тољикистон рафт ва њоло дар обод сохтани кишварамон наќш дорад. Сарварии љамъият соли 2004 ба дўши ман гузашт ва то имрўз ин масъулиятро дорам. - Њадаф аз бунёди љамъият, вазифањои он аз чї иборатанд? - Њадафи асосї албатта дасти њамдигар гирифтан аст. Бисёре аз њамватанони мо, ки ба Русия ташриф меоранд ,аз саба-

би забони русиро надонистан, намедонанд куљо раванд, ба кї мурољиат кунанд. Умуман сарсону саргардон мемонанд. Дар њолати яъсу ноумедї, ки охирин маблаѓашро сарф карда барои кор омадааст, метавонад ба луќмаи хоми корчаллонњо табдил ёбад. Дар чунин њолат љамъият хонаи умеди онњост. Як њодисаро бароятон наќл мекунам: ман бемор, њолатам вазнин буд . Бояд фардои он рўз бистарї мешудам. Шаб хабар расид, ки дар кадом шањраки вилоят ду тољикро куштаанд. Чї бояд кард? Субњи барваќт роњ ба он минтаќа гирифтам. Ду тољик солњост ба љамъ овардани оњанпора машѓул буданд. Њатто бо роњбарони он ширкате, ки оњанпора месупориданд, робитаи дўстї доштанд. Ин бор ба миќдори калон оњанпора месупоранд. Соњибони ширкат як миќдор пулро медињанд ва мегўянд, ки барои ќисмати боќимонда рўзи дигар оянд. Он шаб дари хонаи онњо таќ-таќ мешавад. Намекушоянд. Шабохунзадагон тирезаро шикаста, ворид мешаванд ва пулњои рўзона гирифтаю амволи доштаи њарду муњољирро ѓорат мекунанд. Њангоми кашмакаш яке аз ѓоратгаронро муњољири тољик мешиносад. Номашро гирифта мегўяд, ки солњост бо якдигар њамкорї дорем, ин амали ту ба хотири чї буд? Натиља, њар ду тољикро вањшиёна мекушанд. Ман назди сардори шуъбаи милитсияи шањрак даромадам. Ибтидо ў беэътиної кард, гўё њељ фољиае сар назадааст. Албатта дар

чунин њолат хун ба сар мезанад. Агар дар чунин њодиса бо ду нафар њамватанони ту сурат мегирифт, чї мекардї?- – пурсидам аз ў. Баъди ин ў ба худ омад. Њоло оиди ин масъала тафтишот меравад. Мувофиќи маълумоти ман ин масъала тањти назорати Љаноби Олист. Ман бо ин масъала ќариб як њафта машѓул шудам. Ваќте ба беморхона омадам, маро фавран ба хонаи љарроњї бурданд: захми меъдаам кафида буд. Ќисмати асосии дигари фаъолияти љамъият тарѓиби дастовардњои кишварамон, љашн гирифтани санањои таърихї, ба мисли љашнњои Наврўз, Истиќлолият мебошад. Мо рўзњои фарњанг дорем. Миёни љамъиятњои дигар халќу миллатњо љамъияти мо бонуфузтарин аст. -Айни замон дар ин љамъият чанд нафар аъзо њастанд? -Миќдор муайян нест. Вобаста ба мавсим каму зиёд мешавад. Љамъият њамаи тољиконеро, ки дар вилояти Челябинск кору зиндагї доранд, фаро мегирад. Аз рўйи баъзе њисобњо дар њудуди 35 њазор. Тибќи маълумоти оморї, аз соли 1995 то имрўз зиёда аз 10 њазор тољикон дар вилоят шањрвандии Федератсияии Русияро ќабул кардаанд. -Тољикони ин љо аслан ба чї корњо машѓуланд? -Шањрвандони мо дар тамоми бахшњо кор мекунанд: тиљорат, корхонањои истењсолї, сохтмон, бемористонњо, макотиби миёна ва олї. -Дар сохторњои давлатї њам њастанд? -Албатта. Як нафар собиќ роњбари шабакањои гармидињии шањри Душанбе роњбари шабакањои гармидињї ва барќи Челябинскро бар уњда дошт. Дар сохторњои ќудратї, гумрук, донишгоњњои олї шумораи тољикон зиёд аст. -Мушкилоти муњољирон дар чист? - Мушкилоташон дар худашон аст: забонро намедонанд, тартиботи љамъиятї, дастурамали барои муњољирон муќарраршуда, урфу одати мардуми муќимиро риоя намекунанд, сатњи фарњанг ва касбии худро баланд намебардоранд. Нафароне, ки хоњиши ба Русия сафар кардан доранд, хуб мешуд, ки аввал аз курсњои кўтоњмуддати омўшиши касбу њунар ва забон мегузаштанд. Тољиконе, ки ба Русия меоянд, бояд то муддати 15 рўз худро дар ќайди муваќќатї гузоранд, вале бештари ваќт

инро муњољирони мо риоя намекунанд. Як мавзўи дигарро мехоњам тавассути њафтаномаи «Тољикистон» гўшрас кунам: мо ташнаи суњбат бо чењрањои фарњангї, илму адабиёт ва умуман шахсиятњои шинохтаи кишвар мебошем. Баъзан њофизон меоянд, аммо пеши худ, бидуни ягон барнома. Мо онњоро хуб пазирої мекунем, аз диданашон шод њастем. Аммо хуб мебуд, ки ин њама муташаккилона сурат мегирифт, дар пањлуяшон чењрањои шинохта мебуданд. Ин њама барои баланд рафтани сатњи фарњангии муњољирон мусоидат мекард. Дигар ќавму миллатњо сафарњои муташаккилонаро хуб ба роњ мондаанд. Як мушкилоти дигар расонидани хизматрасонии консулї аст. Хуб мебуд агар дар Челябинск њам намояндагии ин хадамот, шуъбаи дар Екатеринбург будаи он,фаъолият мекард. Институти консулњои ифтихорї мављуд аст. Шояд он мавриди истифода ќарор мегирифт. Љамъияти мо омода аст, њама харољоташро ба дўш гирад. Албатта агар њадафи њамаамон сабук кардани дўшбори муњољирон бошад. -Охирин таѓйирот ва созишномае, ки миёни Њукумати Тољикистон ва Русия ба имзо расид, барои муњољирон чї сабукї овард? -Масалан, пеш муњољирон муддати то 3 рўз бояд худро дар ќайди муваќќатї мегузоштанд. Њоло ин ба 15 рўз расид. Њамчунин иљозатномаи корї ба муњољирон то 3 сол муайян гардид. -Њамкории Шумо бо Хадамоти муњољирати Русия ва дигар марказњои муњољират чї гуна ба роњ монда шудааст? -Дар назди Хадамоти муњољирати Русия ташкилотњои љамъиятї фаъолият доранд. Роњбарони љамъиятњо муовинони сардори ин ташкилот ба њисоб мераванд. Моње як ё ду маротиба вохўрињо бо роњбарони љамъиятњо баргузор мешаванд. -Намояндаи Хадамоти муњољирати Тољикистон дар вилояти Челябинск њаст? -Нест, дар минтаќаи Урал танњо дар шањри Екатеринбург њаст. - Худро муаррафї кунед. - Исломуддин Раљабов. Соњибкор. Раиси љамъияти тољикони вилояти Челябинск. Аз соли 1997 дар ин шањр кору фаъолият дорам. Соњиби 5 фарзанд. Њама фарзандонам дар мактаб ва донишкадањои Русия тањсил доранд. «Тољикистон»

7 Ќурби доллар паст шуд

Тољикистон

Њафтаи гузашта ќурби доллари ИМА дар нуќтањои мубодилаи асъори љумњурї ба њисоби миёна то ба 4,9300-4,9500 сомонї паст шуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тољикистон ќурби миёнаи амалиёт бо рубли русї бетаѓйир боќї монда, ба 0,1410-0,1420 сомонї ва бо евро каме баланд гардида, ба 6,70466,7234 сомонї баробар шуд. Тибќи маълумоти Бонки миллии Тољикистон, барои кам кардани суръати болоравии ќурби доллари ИМА дар кишвар њаљми муайяни асъори хориљї ба муомилот бароварда шудааст.

Баррасии лоињаи CASSA-1000 дар Вашингтон Дар Вашингтон љаласаи навбатии Шўрои байнињукуматии кишварњои узви Лоињаи интиќол ва савдои нерўи барќ дар Осиёи Марказї ва Љанубї бо номи CASSA-100 доир гардид. Тавре аз Вазорати энергетика ва захирањои об хабар доданд, дар кори љаласа њайатњои њукуматњои Тољикистон, Ќирғизистон, Афғонистон ва Покистон, њамчунин намояндагони Бонки љањонї, Бонки исломии рушд ва дигар нињодњои байналмилалии молиявї ширкат меварзанд. Њайати Тољикистонро дар ин љаласа муовини аввали сарвазир Давлаталї Саидов сарварї мекунад. Дар њамин њол, рўзи 19-уми феврал дар Вашингтон гуфтушунидњои серўза баргузор мешаванд, ки дар љараёни он масъалањои маблағгузорї ба лоиња баррасї хоњанд шуд. Дар гуфтушунидњо аз љумла созишномаи молиявї миёни Бонки љањонї ва њукумати Тољикистон дар бораи маблаѓгузории сохтмони ќисмати тољикистонии хатти CASSA-100 баррасї мешавад. Баимзорасии созишномаи мазкур моњи апрели соли љорї дар назар аст. Дар доираи Лоињаи интиќол ва савдои нерўи барќ дар Осиёи Марказї ва Љанубї (CASSA-100) Тољикистону Ќирѓизистон уњдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон ба Покистон дар њаљми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерўи барќ интиќол дињанд, ки дар панљ моњ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медињад. Аз ин њаљм интиќоли 2 млрд. кВт/соат ба дўши Ќирѓизистон ва 3 млрд кВт/соат нерўи барќ ба дўши Тољикистон вогузор мегардад. Арзиши умумии лоињаи CASSA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбї шуда, масофаи хатњои интиқоли барќ тибќи лоиња 750 километрро ташкил медињад.

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: rahimzoda@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


њуќуќ

8 Тољикистон

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Ба таваљљуњи Вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон Нусратулло Салимов

Беморї?

Пул бидењу пул бидењу пул бидењ!!! «Худо бемор нашавию корат ба дасти духтурон наафтад. Агар пул дошта бошї, љонат аз марг рањо меёбад, вагарна онњо њатто сўят назар њам намекунанд, баъди чанд соат туро ба он дунё мефиристанд»Ин суханњоро борњо аз одамони синну соли гуногун, бахусус аз пиронсолон, шунидаам ва шоњиди ин њол њам гаштаам. Солњои 1997-98 дар мамлакат бемории тиф (домана) ављ гирифта буд.

Магар дар бемористон њам табобат пулакист? Ин беморї маро њам часпиду ба Беморхонаи касалињои сироятї, воќеъ дар ноњияи Шоњмансур, афтидам. Духтури мо зани резапайкари миёнсоле буд. Њар боре ки ба њуљра медаромад, дигаронро муоина мекарду сўйи ман, ки њолатам хеле вазнин буд, як нигоњ карда, гузашта мерафт. Аз њамњуљрањоям сабаб пурсидам. Онњо гуфтанд, ки ба духтур пул додан лозим, вагарна моњњо дар њамин љо хобида мурда меравию боре вазъи саломатиатро намесанљад. Рўзи дигар баробари ба палата ворид шудани духтур ўро ба наздам љеѓ задам. Ба ў фањмондам, ки њамсарам тољир асту дар таги болинам ќабатќабат пул хоб аст, ба ман худи њамин бегоњ физраствор, гемодез ва глюкоза гузаронед, он тарафашро фикр накунед. Дар чењраи духтур табассум гул кард. Њамаи фармудањоямро иљро кард. Субњи дигар баъди гузаронидани доруњои зарурї иштињои таомхўриам кушода ва дунё ба чашмам равшан шуд. Баъди чанд рўз духтур фањмид, ки ман рўзноманигорам ва сирри пулгириашро ба мардум фош мекунам, муносибаташро дигар кард. Акнун ў мехост њар чи зудтар маро аз шифохона љавоб дињад, зеро барои пулгириаш аз дигарон ман монеа эљод мекардам. -Шумо наѓз, дуппа дуруст шудаед, метавонем ба хона љавоб дињем,-гуфт ў бо мулоиматї. -Не, ман худамро бад њис мекунам,- якравї карда гуфтам ман. Духтур чї кор карданаш ва аз ман халос хурданашро намедо-

нист. Оќибат ў ба сари фарзандонаш ќасам хурд, ки ман 100 фоиз сињатам. Ба њамаи ин нигоњ накарда, ман як њафтаи дигар зумъ намуда, дар шифохона хобидам. Рўзи аз бемористон баромаданам духтур бо гулу гулдастањо бо табъи болида гуселам кард. Аз ин лањза чанд сол гузашт, вале чењраи он зани тамаъљў њељ аз пеши назарам дур намеравад. Имрўз бошад, соњаи хизматрасонии тиббї ба мардум дар кадом поя ќарор дорад? Айни замон ба кадом шифохонае наравед, коратон бепулсупорї анљом намеёбад. Њатто ваќти гирифтани карточкаатон (дафтарчаи ќайди беморї ) 10-12 сомонї месупореду баъд онро ба шумо барои ба назди духтур рафтан медињанд. Дар бисёр беморхонањо барои аз мариз пул гирифтан кормандони карточкадињанда мегўянд, ки карточкаатонро наёфтем. Инро ба хотири он мекунанд, ки ба шумо карточкаи нав нависанду маблаѓи муайянеро аз шумо рўёнанд. Баъд ба назди духтур мераведу ќиёмат ќоим мешавад. То аз он љо баромадан низ маблаѓи зиёде масраф мешавад.На танњо дар дармонгоњњову шифохонањо, балки дар таваллудхонањо ањвол аз ин њам бадтар аст. Аз духтур сар карда, то санитару фаррошњо аз мариз пул тамаъ мекунанд.

Чаро духтурон тамаъљўянд? Сардори Раёсати банаќшагирии иќтисоди соњаи

тандурустї ва њифзи иљтимоии Тољикистон иброз дошт, ки тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2008 № 600 муассисањои тиббї ба низоми пулакї шурўъ кардаанд. Њоло мо танњо ќисматњои ёрирасон: ташхисњоро пулакї кардаем. Ќисмати статсионарї-табобатиро њам марњила ба марњила ба ин низом мутобиќ хоњем кард. Барои ин ваќт лозим аст ва вазъи иљтимоии мардумро низ бояд ба назар гирем. Агар ќисмати ташхис пулакї бошад, чаро дар баъзе шифохонањо барои љойи хоб то 200 сомонї талаб мекунанд. Ё ки барои гирифтани хун барои ташхис дар бархе аз дармонгоњњо 25 ва баъзе дигараш то 35 сомонї талаб мекунанд. Вараќаи нархи рентген кардан дар аксари бемористонњо вуљуд надорад. Духтурони рентгенкунанда маблаѓи аз 30 то 300 сомониро гирифта, ба бемор њуљљат намедињанд. Магар онњо бо њамин фиреб маблаѓи мардумро аз худ намекунанд? Ё худ њамин ки бемор ба шифохона афтид, духтури табобаткунанда номгўйи зиёди доруњоро дода, наздикони мариз сўйи дорухонањо мешитобанд. Магар доруњои барои табобат муќарраршуда њам ба ќисмати ташхисњои пулакї ворид мешавад? Саволе ба миён меояд чї муњите духтурони моро тамаъљў кардааст? Аз рўйи маълумоти ба мо расида дар мамлакат 16 њазору 248 духтур фаъолият ме-

кунанд ва маоши миёнаашон 900 сомониро ташкил медињад. Шамсиддин Ќурбонов директори Маркази хусусии тибби «Насл» дар ин маврид гуфт, ки дар марказаш ба ходимони одї аз 200 то 400 доллар маош муќаррар кардааст ва духтурони ботаљриба то 1,5 њазор доллар маош мегиранд, аммо дар муассисањои давлатї духтурону њамширањои шавќат њамеша дар рў ба рўйи хатар ќарор доранд. Духтуронро љамъият ва сохтор ќаллоб кардааст, вагарна духтур њамон духтурест, ки 20 сол ќабл буд. Духтуру профессорони бењтарин дорем,-афзуд ў. Сардори Бемористони «Ибни Сино» Абдухалил Холиќов иброз доштааст, ки амалан хизматрасонии тиббї дар Тољикистон пулакї аст, аммо 99 фоизи маблаѓ таќрибан 2 миллиард сомонї, дар ин соња ѓайриќонунї гардиш мекунад ва аз њисоби андоз буља 500 миллион сомонї зарар мебинад. Тибќи барномаи пешнињодшудаи А. Холиќов дар марњалаи аввал корхонањо бояд коргарони худро суѓурта кунанд ва барои ин њукумат бояд иљозат дињад, ки се дарсади маоши онњо ба њисоби суѓуртаи њатмии тиббї гузаронида шавад. Ба андешаи ў таќрибан 1 миллион нафар ба ин васила дар Тољикистон суѓурта мешавад. Дар ин маврид ширкатњои суѓурта соњиби маблаѓи кофї гардида, сайъ бар он мекунанд, ки нафарони дар суѓуртаи онњо буда, табобати хуб гиранд. Он ќишре, ки имкони пардохти маблаѓи суѓуртаро надорад, аз њамон як миллиард пуле, ки давлат солона барои тиб људо мекунад, табобат мегиранд. Парлумони кишвар бори дувум аст, ки намегузорад Ќонуни суѓуртаи тиббї вориди амал шавад. Бори аввал соли 2008 ба соли 2014 ба таъхир гузошта шуда буд, ин навбат иљрои онро то соли 2017 мавќуф гузоштанд. Шояд ин љо сатњи пасти зиндагии мардум ба эътибор гиирифта шуда бошад. Дар њар сурат ба андешаи мо Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої, дигар сохторњои дахлдорро лозим аст, ки сари ин мушкилот чораи амалї андешанд, то духтурони тамаъљў аз мою мо аз онњо халос шавем. Иззатбеки Идизод, «Тољикистон»

Дар Маскав духтари 16 солаи тољикро мошин зад Бино ба хабарњои матбуоти Маскав, дар ќисмати “Маскави нав” як духтари 16 солаи тољик зери мошин мондааст. Дар ин бора раёсати корњои дохилии Маскав ба матбуот хабар додааст. Дар хабар омадааст: ”Тақрибан соати 7:30 дар шоҳроҳи Симферопол дар наздикии хонаи рақами 5, кӯчаи Шербинка як мошини номаълум дар чаҳорроҳӣ шаҳрванди 16 солаи Тољикистонро пахш кард. Ин духтар дар яке аз коллељњои Маскав таҳсил мекард”. Бино ба ин хабар, духтар аз љароҳатҳои бардошта даргузаштааст. Мошин аз маҳали ҳодиса фирор кардааст.

Шањнозаро чӣ ба худкушї маљбур кард? Шањноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тољикистон, ки рӯзи 11 феврал дар бинои ин нињод ба нишони эътироз ќасд ба љони худ кард, њоло дар беморхонаи раќами 3-и шањри Душанбе бистарист. Яке аз наздикони Шаҳноза гуфтааст, ки ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар љойи кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли он зан бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна тўҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд. То замони рух додани ин ҳодиса наздикони Шаҳноза Абдуллоева аз мушкил ва фишорҳо болои ӯ хабар надоштаанд. Бо ин ҳол, табибон феълан вазъи Шаҳнозаро муътадил арзёбӣ мекунанд. Вале мақомоти Кумитаи андози Тољикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст.

Тањдиди ќатли журналист Аҳмад Иброҳим, муҳаррири нашрияи “Пайк” баъди нашри маводҳои танқидияш дар бораи мақомоти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (ЗАГС) минтақаи Кўлоб аз сӯйи афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтааст. Аҳмади Иброҳим гуфтааст, ки тайи як ҳафтаи охир афроди ношинос ду маротиба бо рақамҳои махфӣ ба ӯ занг зада, бо дашномҳои қабеҳ таҳдид кардааст, ки туро қатл хоҳем кард. Таҳдидкунанда ба модараш қасам хӯрдааст, ки ин хабарнигорро давоми як ҳафта мекушад.

Масъули Масъулисањифа сањифаИззатбек ИззатбекИдиев. Идиев.Мо Моинтизори интизоримавод маводва вапешнињодоти пешнињодотишумоем! шумоем! E-mail: E-mail:izzatbek@pressa.tj izzatbek@pressa.tj••Шўъбаи Шуъбаиреклама: реклама:saodat@pressa.tj saodat@pressa.tj••Тел: Тел:(44) (44)601-35-95 601-35-95


ќонун ва љомеа

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Кўдакдуздон дастгир шуданд

Искандаршо, ки чанд муддат дар ширкати «Алокозай» кор мекард, фањмид, ки сардори ширкат маблаѓи калон дорад. Ў баъди корро бас карданаш наќшаи бо кадом роњ ѓорат кардани сардори ширкатро мељўст. Искандаршо, ки худ дар Коллељи технологии Тољикистон тањсил мекард, бо донишљўйи Коллељи муњандисї Њусниддин Давлатов ва Улуѓбек Нуров маслињат карда, ба хулосае омаданд, ки фарзандони тољирро дуздида, аз ў барои баргардонидани фарзандонаш 200 њазор доллар талаб мекунанд. Сипас, барои амалї гаштани маќсадашон ба маѓозаи «Гулистон» даромада, таппончаи бозичагї харида, ба рўй ниќоб кашида, дар рўзи равшан ба кўдакрабої даст заданд. Онњо Сафиаллоњ ва Лемаро ба автомашинаи тамѓаи «ВАЗ-2106»бо таппонча тарсонида, ба мошин бор карда, ба самти ноњияи Рўдакї бурданд ва тариќи телефон аз падари ноболиѓон, шањрванди Љумњурии Афѓонистон Муњаммадфазли Саидмуњаммад ба ивази рањоии фарзандонаш 200 њазор доллари амрикої талаб карданд. -Агар маблаѓро сари ваќт наорї њаётан рўйи фарзандо-

натро намебинї!-тањдид кард сарвари ѓоратгарон Искандаршо Камолов. Муњаммадфазл даступо хурд. Як муддат чї кор карданашро намедонист. -Бењтараш ба милиса хабар медињам,- аз дил гузаронд ў. Пас аз се соати њодиса кормандони раёсати корњои дохилии шањри Душанбе аз ин хабар огоњ шудаву кўдакрабоён Искандаршо Камолови 21-сола, Улуѓбек Нуров ва Њусниддин Давлатов (њарду 17 сола)-ро дастгир намуда, ноболиѓонро ба пайвандонаш супориданд. Саволе ба миён меояд, ки ин љавон ва ду ноболиѓро, ки ду нафарашон донишљў мебошад, чї ба кўдакрабої маљбур кард? Ба андешаи мо паст

будани маърифати њуќуќї ва њирси маблаѓи калон ба даст овардан онњоро ба ин пастфитратї бурд. Мувофиќи гуфтаи коршинос њар кадоми онњоро 5-10 солї дар мањбас нишастан интизор аст. Хабари боздошти кўдакрабоён аввал гум шудани Сабина ва Малика Араловњоро ба хотирамон овард, ки моњи марти соли гузашта аз назди хонаашон гум шудаву то њанўз аз онњо ному нишоне нест. Мувофиќи маълумоти ба мо расида, фаќат соли гузашта 95 ноболиѓ гум шуда, вале кормандони милитсия 81 нафари онњоро дарёфт кардаанд. Аксаран гум шудани кўдакон аз бемаъсулиятии падару модар ва бепарвоии атрофиён сар мезанад.

Ќотилони љавони бегуноњ

Суди ноњияи Исмоили Сомонї ќотилон Шералї Сабзалиев ва Шамсиддин Мањмадалиевро ба муњлатњои тўлонї аз озодї мањрум кард. Табаралї, дар мањаллаи Сариосиёи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт зиндагї мекард.Чанд сол ба Федератсияи Русия ба мардикорї рафта, маблаѓ љамъ кардаву ба каму кости зиндагии оилаашон кўмак мекард. Соли гузашта ба ќароре омад, ки мошин харидаву таксї мезанад ва бо њамин ба кишварњои дур дигар ба мардикорї намеравад. Тавре ки дўстонаш Манучењру Шањбоз гуфтанд: мо дар шањри Москва якљоя кор мекардем. Табаралї љавони хушлањну мењрубон буд. Ба тану туши боќувваташ нигоњ накарда, ба њар даѓалмуомилагии атрофиёнаш бо табассум љавоб мегардонд. Дар љавоби се соли бо њам кор кардан мо боре надида будем, ки ў

касеро сухани дурушт ё ќабењ гуфта бошад. Дигар њамсояњо њам дар њаќќаш суханони нек гуфтанд. Табаралї рўзона таксї мезаду намози шом ба хона бармегашт. Вале он бегоњї Табаралї дар ваќти муќаррарї ба хона барнагашт. Дар дили падару модар алов афтид. Онњо намедонистанд, ки љигарбандашон ба чанголи ду љавони аз вањшињо њам вањшитар афтодааст. Шамсиддин ва Шералии масти шароб мошини Табаралиро дар наздикии хонаашон доштанд. Аз ў хоњиш карданд, ки онњоро ба ивази 10 сомонї ба марказ барад. Табаралї чизе нагуфта, розї шуд. Њангоми њаракати мошин Шералї кордро аз кисааш бароварда, бе ягон гапу калоча ба гардани Табаралї зад. Ў мошинро ќарор дода, аз талвосаи љон роњи гурезро пеш гирифт, вале Шамсиддину Шералї туъмаи худро думболагир карда, бо мушту

лагад ва корд то ба њалокат расиданаш заданд. Гўё њодисае нашуда бошад, Шералї бо дасту либосњои хунолуд ба маѓозаи пањлўи роњ барои харидани сигарет даромад. Мудири маѓоза онњоро дида, аз Шералї пурсид, ки ба ту чї шудааст? -Њељ чиз не, як нафарро бељон кардем,-гуфт Шералї ва сигарет гирифта аз маѓоза берун шуданд. Баъди чанд соат кормандони ВКД дар натиљаи як амалиёти фаврї онњоро дастгир карданд. Суди ноњияи Исмоили Сомонї ќотилони марди бегуноњ Шералї Сабзаевро ба муњлати 23 сол ва Шамсиддин Мањмадалиевро ба муњлати 21 сол аз озодї мањрум кард. Аз рўйи маълумотњои ба мо расида Шералї Сабзаев њангоми дар кишвари Ќазоќистон буданаш 2 сол лаззати мањбасро чашида будааст. Иззатбеки Идизод «Тољикистон»

Тољикистон

9

ПУРСЕД, ПОСУХ МЕДИњЕМ! Ба саволњои Шумо њуќуќшиноси идораи њафтаномаи «Тољикистон» Эњсон Ќодиров посух мегўяд. Шумо метавонед дилхоњ саволњои њуќуќии бамиёномадаи худро ба почтаи электронии мазкур minbari.hukukshinos@mail.ru ироа намуда, дар шумораи ояндаи њафтанома посухи онњоро мутолиа намоед.

Манзили истиќоматии хизматиро њаќќи гирифтан дорам? Савол: Хизматчии њарбї њастам. Зиёда аз се сол аст, ки дар хонаи истиќоматии хизматї бо ањли оилаам истиќомат дорем. Соњиби шаш фарзанд буда, собиќаи кори дањсола дорам. Пас аз ба нафаќа баромаданам, соњиби хонаи истиќоматие, ки дар он истиќомат дорам ,мегардам ё на? Хизматчї аз ш. Душанбе Љавоб: Тартиби додани хонаи истиќоматии хизматї ва истифодаи онро Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Дар моддаи 83-и Кодекси мазкур, шањрвандоне, ки бидуни додани хонаи истиќоматии дигар набояд аз хонаи истиќоматии хизматї бароварда шаванд, омадааст:

Ашхоси зайл набояд бидуни додани хонаи дигари истиќоматї аз хонаи истиќоматии хизматї бароварда шаванд: 1) оилањои хизматчиёни њарбї; 2) ашхосе, ки дар корхонаю ташкилот ё муассисаи ба онњо хонаи истиќоматии хизматї муњайё карда, 10 сол зиёд хизмат кардаанд; 3) нафаќахўрон аз рўи пиронсолї, нафаќахўрони шахсї; 4) ашхоси яккаву танњо, ки њамроњашон кўдакони ноболиѓ зиндагї мекунанд, оилањои серфарзанд, ки 5 ва бештар фарзанд доранд; ва ѓ.. Шумо, ки собиќаи кори дањсола доред, соњиби шаш фарзандед ва хизматчии њарбї њастед ,њуќуќи дар ин хона монданро доред. Метавонед пас аз ба нафаќа баромадан бо ариза ва њуљљатњои дахлдор ба суд оиди хусусї намудани хонаи мазкур мурољиат намоед. Савол: Маънои калимаи «мусодира» (конфискация) –ро хоњишмандам шарњ дињед? Њомидова Ш. Муњосиб, ш. Душанбе Дар њолатњои пешбининамудаи ќонун молу мулки моликро мутобиќи ќарори суд њамчун чораи љазо барои содир намудани гуноњ ё дигар њуќуќвайронкунї мусодира кардан мумкин аст. Дар њолатњои пешбининамудаи ќонун, мусодираро тибќи тартиби маъмурї анљом додан мумкин аст. Оид ба ќарор дар мавриди мусодира, ки тибќи тартиби маъмурї ќабул шудааст, ба суд эътироз кардан мумкин аст. (моддаи 267-и Кодекси Граждании Љумњурии Тољикистон) Дар ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон мафњуми «мусодира»- яъне маљбурї ва бебозгашт гирифтани њамаи ё ќисман молу мулки шахси мањкумшуда ба моликияти давлат мебошад. Масъули гўша Эњсон ќодиров. E-mail: minbari.hukukshinos@mail.ru


10 Тољикистон

суњбати рўз

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Зиёии тољик кист ва наќши он дар љомеа чї гуна бояд бошад?

(Аввалаш дар сањ.3) Мафкураи миллии давлат нисбат ба сохти минбаъдаи љамъият, ки шањрвандон љањди барпо кардани онро доранд, тасаввуроти некбинона пешнињод менамояд, рафтору амали шахсро муташаккил ва танзим месозад. Аз ин нигоњ, мафкураи миллии давлат њамчунин ба фаъолияти њокимияти давлатї самт мебахшад ва рафтори одамонро идора менамояд. Мафкураи миллии давлат низоми донишу арзишњои љамъбастї ва таърихан мушаххаси фалсафї, илмї, эстетикї, ахлоќї, њуќуќї, сиёсї, иќтисодї, сотсиологї доир ба миллат, љомеа, инсон, доир ба мавќеъ ва наќши фард дар љомеа мебошад. Ташкилотњои мафкуравї таълимоти мафкуравиро коркард ва онњоро дар шуури омма «татбиќ» менамоянд, фаъолияти сохторњои иљтимої ва шохањои гуногуни њокимиятро дар љомеа зери назорати худ ќарор медињанд. Гузашта аз ин, мафкурачиёни миллии давлат дар давоми асрњои гузашта пояи инкишофи маънавии љомеа буданд. Арзишњои мафкуравї таърихан ташкилшавии сохтору нињодњои нави иљтимоиро муайян мекарданд, чунки дар ибтидо таълимоти мафкуравї рўйи кор меомаданд ва баъдан, дар асоси онњо муносибатњои иљтимої дигаргун карда мешуданд. Мафкураи миллии давлат на танњо воситаи самараноки идоракунї, њамчунин силоњи пурќудрат, воситаи нерўманди таъсиррасонињои давлат, балки иќтидорест, ки нисбат ба ќуввањои њарбї, тавоноии иќтисодї ва дипломатия матинтар аст. Агар љомеа ё давлат аз мафкураи миллї умуман, рў гардонад, ё мафкураи миллї надошта бошад, ё худ мафкураи миллии худро насозад, пас, њатман аз воситањои пурќуввати таъсиррасонї бебањра мемонад. Мафкураи миллии давлат яке аз воситањои пурсамари идора ва рушди љомеа, давлат ва миллат буда, манбаи тавоноест, ки истифодаи оќилонаи он ба хотири ягон њадаф ва идеал метавонад натиљаи пурбор дињад. Дар њолати муайян ва равшан набудани њадафњо њама гуна мафкураи миллї моњияти худро аз даст медињад ва ба ибораи дигар, чунин мафкура умуман, вуљуд дошта наметавонад. Аз ин нигоњ, љустуљўйи мафкураи миллї ё худ ташаккули он асоснок буда, мушкилоти умда, мубрам ва таќозои замон аст. Љомеае, ки њадаф, мафкура ва милла-

те, ки нияту ормонњои созанда ва пок надорад, мављудияту инкишофёбиаш амри муњол аст. Њар миллат дорои мафкураи миллї мебошад, њатто миллатњое, ки намояндагони соњибмаърифаташ зуњуроти мафкураи миллиро инкор кардан мехоњанд. Њангоми дар сатњи муайян ташаккул додани мафкураи миллї, дар тафаккури одамон љой додан ва дар воќеият ба тасвиб расонидани он мушкилоти зиёд пеш меоянд. Сабаб дар он аст, ки мафкураи миллї дар вуљуди миллат метавонад бидуни инъикосшавї дар шакли шиорњо, масалан, дар шакли нињон ё хусусї љой дошта бошад. Боиси зикр аст, ки дар мењвари њама гуна мафкураи миллї инсон, шахс дар назар аст. Намудњои мафкураи миллї гуногун бошад њам, предметаш инсон мебошад. Зиёда аз ин, мањз дар марњилаи имрўза беш аз пеш равшантар мегардад, ки мубориза барои инсон, пуштибонии манофеи сиёсї, таъмини бехатарии ў дар маркази муборизањои мафкуравї ќарор гирифтааст. Дар марњилаи муосир ин љањду талошварзї наќши њалкунанда касб хоњад кард. Мазмуни муборизаи байни мафкурањо танњо бо раќобати мафкурањо ё муборизаи фалсафии сиёсї мањдуд намешавад. Бояд иќрор шуд, ки ин њамчунин муборизаи миёни тарзи њаёти миллатњо, истиќлолиятњо, стратегияњои миллї ва њатто миёни пешгўйињо, лоиња ва наќшањои рушди иљтимоїиќтисодї мебошад, ки дар чорчўбаи мафкуравї то андозаи лозима љойи худро пайдо карда натавонистаанд. Њамин тавр, мафкураи миллии давлатї њамчун низоми ѓояњо ва назариёти мукаммал, дар навбати худ, пояи сиёсати мушаххас мебошад. Дар чунин њолат сиёсат татбиќсозандаи њадафу армонњои мафкураи давлат дар зинаи таърихан муайяни инкишофи љомеа мебошад. Бояд ќайд намуд, ки мањз баландмаърифатњо (интеллектуалњо) ба тавлид ва дарки мафкураи давлат машѓуланд. Ин вазифа хоси онњост. Ин љо одамоне дар назаранд, ки бо коркард ва татбиќи фарњанги маънавї шуѓл доранд, ба шеваи дигар, зиёиён. – Аз нигоњи Шумо, зиёї кист ва зиёии тољик он наќшеро, ки љомеа аз ў интизор аст, бозида метавонад? - Агар гўем, ки зиёиён оинаи љомеа, давлат ва миллат њастанд, иштибоњ намекунем. Аз рўйи офариниши шоњкорињои маънавият дар љомеа дар ин ё он давраи таърихї ба

маќому манзилати зиёї дар он ва њам ба муносибати љомеа, яъне давлат ва њам миллат ба зиёиён бањо додан мумкин аст. Чунки зиёиён барандагони аќлњо, баландмаърифатњо (интеллектуалњо) дар њар давру замон буданд, њастанд ва хоњанд монд. Гарчанде муносибати зиёиён ба љомеа дар ин ё он давраи таърихї яксон набошад њам, аз рўйи табиат, моњият ва таъиноташон онњо равшанкунандагони роњи хираду маърифат, мафњумкунандагони олами мавњум, офарандагони неъматњои моддї ва маънавї њастанд. Барои њамин, бо гузашти солњо, аз рўйи чакидањои ќалами зиёиён, асарњои безаволи офаридаи эшон дар тамоми риштањои илм ва фарњанг ба ин ё он давраи таърихї бањо медињанд ва бањо додан мумкин аст. Монанди он ки мегўем: замони эњё дар маданияти Аврупо ё худ замони эњё дар рушду нумуи маданияти тољику форс. - Манзури ман наќши зиёии тољик аст. Оё зиёиёни мо дар кишварамон наќши сазовор бозида метавонанд? - Бале, метавонанд. Онњо аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон пурра пуштибонї доранд, зиёда аз ин, дар эњёи арзишњои суннатии миллатамон, ки давоми 22 соли истиќлолият ба даст овардаем, наќши созанда доранд. Аз љумла, дар раванди расидан ба Вањдати миллї, якпорчагии Тољикистони азизамон ва аз њама муњимаш, пойдории сохтори конститутсионии давлатамон наќши бориз гузоштаанд. Зиёиён табаќаи аз њама пешќадами љомеа мањсуб меёбанд. Эшон дурбин, пешбин ва нозукбин њастанд. Инро њељ кас инкор карда наметавонад. – Агар зиёї чароѓ бошад, то кадом андоза имрўз ин чароѓ дар Тољикистон равшан аст? - Албатта, офарандаи маданияту фарњанг халќ ва шахсиятњои баргузидаанд. Офарандаи таърих низ халќ ва шахсиятњои сиёсї мебошанд. Миллати азизи мо ба зиёиёнаш ва зиёиёни мо ба мардуми азизаш сазовор мебошанд. Вале гоњо вобаста ба манфиатњояш миллат аз зиёиёнаш арзишњои бештареро интизор аст. Мутаассифона, гоњо зиёиён бо сабабњои камќобилиятї, камљуръатї, бегонашавї аз асли хеш орзуњои миллати азизи худ, талаботи маънавии миллатро ифода карда наметавонанд ва ин орзую талаботи миллат ба армони миллї мубаддал мегардад. Ба ќавли устод Лоиќ: Ду дида Љайњун доштам аз марги ормонњои халќ,

Рав, оби Љайњунро бигў, Лоиќ видоат карду рафт. - Биёед, ба табаќабандии Шумо, ки аз тафсираш худдорї намудед, рўй меорем: зиёї кист: духтур, муаллим, нависанда..? - Зиёии имрўзаи мо њам духтур аст, њам рўзноманигор, њам муаллим ва њам адиб ва олим аст. Шахсест бохирад, донишманд, пешбин, бештару дуртар мебинад ва дар дили одамон рушної меандозад. Бахусус, беш аз 100 њазор муаллимони мактабњо. Баъзењо зиёї гуфта танњо ходимони илмро дар назар доранд. Ман ба ин аќида њељ ваќт розї шуда наметавонам. Магар духтур зиёї нест? Муаллим њам зиёї њаст, духтур њам зиёї њаст, рўзноманигор ва муњандис њам. Њар касе, ки ба фаъолияти фикрї, эљодї сару кор дорад, офарандаи арзишњои фарњангї аст, њама зиёї њастанд. - Мулло њам ба истилоњи худ нури маърифат мекорад. Пас, аз рўйи ин гуфта, муллоњо њам имрўз зиёї њастанд? - Не, онњо зиёї нестанд. Онњо руњониёнанд. - Чаро? - Зиёї њамон нафарест, ки тафаккураш, назараш, хулосабарориаш ба њаводиси олами воќеї асоси объективї, илмї, мантиќї ва ќонунї дошта бошад. Агар муллое пайдо шавад, ки ба њаводиси олами воќеї обективона, илмї, мантиќан исботшуда вобаста ба ќонуниятњои инкишофи табиат, љамъият ва тафаккур бањо дињад, зиёї буда метавонад. -Зиёиён бояд чї кор кунанд? - Зиракии сиёсиро аз даст надињанд. Ба њар як зуњурот объективона аз нигоњи илмї асоснок бањо дињанд. Манфиатњои давлат ва миллати азизамонро аз њамаи манофеи дигар боло гузоранд. Асарњои безавол офаранд. Насли наврасро дар руњияи арзишњои миллї тарбия намоянд. - Агар хоњем, ки љомеаи имрўзаи мо пешрафта ва мутараќќї бошад, бояд наќши омўзгор баланд бардошта шавад. Бубинед, замоне муаллим аз њама соњибэњтиром буд, вале имрўз ��амин наќшро мулло мебозад. Чї чиз ба ин сабабгор аст? - Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тамоми чорањоро дида истодаанд, ки наќши зиёї - омўзгор рўз то рўз боло равад. Дар маросими савгандёдкунї Президенти Љумњурии Тољикистон соњаи маорифро минбаъд низ бахши калидии сиёсати иљтимоии давлат ва соњаи афзалиятнок дар сиёсати худ эълон намуданд. Биёед, ба санадњо такя ме-

кунем. Афзоиши музди мењнати омўзгорони мактабњои тањсилоти умумї, мураббиёни муассисањои томактабиро мисол меорам. Танњо дар ду соли охир он ба 90 дарсад зиёд карда шуда, нишондињандаи мазкур нисбати соли 2000-ум ќариб ба 60 маротиба ва нисбат ба соли 2005-ум ќариб 10 маротиба ва нисбат ба соли 2010-ум се маротиба ва нисбат ба соли 2012 сї дарсад зиёд аст ва ин њадди охирин нест. Бо баракати саъю талошњои Президенти кишвар соли 2013 барои соњаи маориф 2 миллиарду 130 миллиону 800 њазор сомонї људо буд, ки ин нисбат ба соли 2000 51 маротиба, нисбат ба соли 2005 8,4 маротиба, нисбат ба соли 2010, 2 маротиба ва нисбат ба соли 2012-ум 32,5 дарсад зиёд аст. Дар соли 2014 бошад, 2 миллиарду 516 миллиону 984 њазор сомонї маблаѓ људо шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 2,3 маротиба ва нисбат ба соли 2013-ум 18 дар сад зиёд аст. Ё худ дар тањрири нави Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» маќому манзилати омўзгор дар боби алоњида оварда шудааст ва давлат шаъну шарафи омўзгорро зери њимояи худ ќарор додааст. Магар ин ѓамхории Сарвари давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба зиёиён, омўзгорону мураббиён нест? - Агар моддиёт њар чї ќадар баланд равад, барои дигар шудани тафаккур замина мешавад? - Мешавад. Биёед, ба суханњои Шайх Саъдї рў меорем. Саъдии Шерозї мегўяд, ки: Чунон ќањтї шуд, к-андар Димишќ, Ки ёрон фаромўш кардаанд, аз ишќ. Карл Маркс низ гуфтааст, ки њастии љамъиятї шуури љамъиятиро муайян мекунад. Њатто дар чашми одами гурусна моњи равшан монанди ќурси нон метобад. Агарчи њастї шуурро муайян кунад, баъзењо мегўянд ин аќидаи кўњна аст, лекин кўњна њам бошад, дуруст аст. - Нуриддин Саидович, њар ќадар маориф ва сатњи худхизматрасонї дар соњаи тиб паст равад, њамон ќадар нуфузу эътибори муллоњо њам боло меравад? - Ин аксиома аст. Исботу далел талаб намекунад. Њарчанд инсон дар љањолату нодонї монад, њамон ќадар ба хурофот дода мешавад. Барои њамин дар ибтидои суњбат гуфтам, ки оинаи љомеа зиёї, мактабу муаллим, олиму табиб аст. Шарифи њамдампур, Шералї Яњёев «тољикистон»


Тољикистон 11

мушкилот

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

«Аз овозањо њарос надорем», -мегўяд директори Муассисаи давлатии «Боѓи њайвоноти шањри Душанбе» Ќурбон Одинаев

Ваќтњои охир дар атрофи фаъолияти Муассисаи давлатии «Боѓи њайвоноти шањри Душанбе» аз тариќи расонањои хабарї ва мурољиати шањрвандон гапу калочањои зиёде ба амал омаданд. Барои рўшанї андохтан ба ин овозањо хабарнигори њафтаномаи «Тољикистон» бо директори ин муассиса Ќ.Одинаев њамсуњбат шуд. Инак, фишурдаи суњбат манзури Шумо гардонда мешавад. Ин овозањо,- гуфт Ќурбон Одинаев, - чандон асоси воќеї надоранд. Вазъияти муассиса ба шањрдорї ва маќомоту сохторњои назораткунанда равшан аст. Гап сари он аст, ки аксарияти мурољиатњои «дилсўзона» аз ѓаразу нотавонбинї нисбати роњбарияти муассиса сарчашма мегиранд. Дар фаъолияти муассиса ќаблан баъзе њолатњои ќонунвайронкунї ба назар мерасид. Ваќтњои охир бо дастгирии шањрдорї кўшиш ба харљ дода шуд, ки ин ќонуншиканињо аз байн бурда шаванд. Ин иќдом бошад ба баъзењо нафорид ва бо пайдо шудани шикоятњои иѓвогарона асос гузошт. Роњбарияти муассиса њама ваќт љонибдори гапи њаќќу дилсўзона мебошад ва нисбати онњое, ки дар њаќиќат камбудињоро бо дилу нияти пок мегўянду ошкор месозанд, изњори миннатдорї баён мекунад. Як чизи дигарро низ бояд ба назар гирем, ки Боѓи њайвоноти шањри Душанбе таърихи ќариб 60-сола дорад ва он замоне бунёд ёфта буд, ки шањри Душанбе њамчун пойтахти кишварамон ин ќадар ањолию ин ќадар рушд надошт. Бунёди боѓ танњо барои њамон давра сохтаю ба наќша дароварда шуда буд ва ба талаботи њамондавра љавоб гуфта метавонист. Њоло бошад њамќадами њаёт нест. Баъдан муќовимати шањрвандї дар Тољикистон чун садњо иншооту корхонаю ташкилоту муассиса ба Боѓи њайвоноти шањри Душанбе њам бе таъсир намонд. Боѓ аз њама љињат њисороти зиёд дид. Фаъолияти пештараи боѓ то њол ба пуррагї барќарор нашудааст. Ислоњи баъзе камбудињои љойдошта маблаѓи калонро талаб мекунад. Аз ин лињоз роњбарияти муассиса гуфта наметавонад, ки фаъолияти боѓ аз камбудињо орї бошад. Ба њамаи ин нигоњ накарда муассиса мувофиќи ќудрату имкониятњои доштааш ба сокинони пойтахт хизмати содиќона расонда истодааст. Дар љараёни суњбат Ќурбон Одинаев њамчунин ёдовар шуд,

шуъбањои маориф барои хонандагону донишљўён омўзиши олами њайвонотро ба роњ монад? - Албатта метавонем. Агар Раёсати маорифи шањри Душанбе ва роњбарони мактабњои олии пойтахт барои гузаронидани машѓулиятњои амалии хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ва макотиби олї таваљљуњ дошта бошанд, маъмурияти Муассисаи давлатии «Боѓи њайвоноти шањри Душанбе» пурра имконият дорад, ки онњоро дастгирї намояд ва шароит муњайё созад. - Муассисаи давлатии «Боѓи њайвоноти шањри Душанбе» бо Боѓњои њайвоноти кишварњои дигар робитаи њамкорї барќарор кардааст? - Бале, робитањои њамкорї бо Боѓњои њайвоноти давки Боѓи њайвоноти шањри Душанбе бояд ба мавзеи дигар кўчонда шавад. Дар ин бобат масъулини Сарраёсати меъморию шањрсозї ва ќумитаи истифодаи замини шањр кор бурда истодаанд. Айни замон анљом додани корњои азнавсозињо бо маќсади муњайё сохтани шароити хуб барои парвариши њайвоноту парандагону хазандагон ва такрористењсолкунї аз њисоби наслгирї низ мусоидат намекунад. Аз ин рў онњое, ки ба ин масъалањо «дахолат» мекунанд, мутахассис набуда, фањмиши зоотехникию ветеринарї надоранд ва чизе, ки хоњанд, навишта ба маќомоти болої равон месозанд. Агар чунин афродњо фикрњояшонро ба роњбарияти муассиса мегуфтанду якљоя бањри рафъи камбудињои љойдошта сањм мегирифтанд, нуран алонур мешуд. Ба ќарибї боз чунин овоза пањн шуд, ки,- афзуд Ќурбон Одинаев, - гўё дар Боѓи њайвоноти шањри Душанбе њайвонњо аз сардї ва танќисї доштан аз нарасидани ѓизо талаф ёфта истода бошанд. Ин овоза низ мавриди санљиш ќарор гирифт. Аммо ягон асос барои он пайдо карда натавонистанд. Биёед, худ ќазоват кунед. Њайвонњои вањшї дар фасли зимистон дар кўњу биёбонњо умр ба сар мебаранд ва љойи зисти мувофиќу манбаи хўрока намеёбанд. Дар Боѓи њайвоноти шањри Душанбе бошад, барои њар ќадоми онњо сарпаноњи хубу ба талабот љавобгў сохта шудааст. Ваќтњои сармо дар љойњои махсус нигоњ доштаю бо хўрокаи аз меъёр зиёд таъмин карда мешаванд. Роњбарияти муассиса њамарўза ба њолати санитарї,

экологї, нигоњдошти шабонарўзии њайвоноту парандањою хазандањо ва меъёри хўрокии онњо назорати ќатъї мебарад. Баъзан бо кўмаку дастгирии ширкатњои истењсолию тиљоратї, Агентии «Тољикстандарт», Хадамоти назоратии санитарию эпидемиологї, байторї ва маќомоти њифзи њуќуќ он ќадар мањсулоти гўштї, ќаннодї, сабзавоту консерва ба боѓ оварда мешавад, ки дар бисёр њолатњо љойи нигоњдошти онњо мушкилот пеш меорад. Барои њайвонњои алафхўр њам аз меъёри ба наќша гирифта, бештар маводи хўрока захира карда шудааст. - Барои муассиса мушкилоти аз њама мураккабро дар чї мебинед? – суол кардем ба Ќурбон Одинаев. -Мушкилот барои муассиса асосан дар њамкорї бо Боѓњои њайвоноти кишварњои рушдёфта ва доду гирифти њайвоноти нодир бо онњо мебошад. Боѓи њайвоноти шањри Душанбе гарчанде узви Ташкилоти байналмилалии Авру Осиё бошад њам, аммо дар ин масъала имконияти мањдуд дорад.

Муассиса омода аст баъзе њайвонњоеро, ки саршуморашон аз меъёри нигањдошт зиёд аст, дар мувофиќа ва њамкорї бо Боѓњои њайвоноти дигар кишварњо бо дигар њайвонњои нодири мављуднабуда иваз созад. Аммо барои ба расмиятдарории њуљљатњою пардохти роњкиро маблаѓи зиёдеро талаб мекунад. Баъзан дар натиљаи гуфтушунидњо имконияти хубе њам пайдо мешавад, ки њайвонњои нодирро маъмурияти боѓњои дигар кишварњо ба мо ройгон туњфа мекунанд. Мутаассифона харољоти наќлиётї љињати овардани он хеле гарон меафтад. Масалан, маъмурияти Боѓи њайвоноти давлати Чехия ба мо барои ивази чор сари ду намуди кенгуру ду сар хирс ба мувофиќа омадааст. Њамин тавр, барои ѓанї гардонидани намудњои њайвоноти нодир, аз љумла, фил, зарофа, тимсоњ, кенгуру, маймунњои калонљусса, морњои калони питон ва анаконда, паланги тўронї ва ѓайрањоро ба наќша даровардаем. -Муассисаи давлатии «Боѓи њайвоноти шањри Душанбе» метавонад дар њамкорї бо Раёсату

латњои Ќазоќистон, Чехия, Русия, Њиндустон њам тариќи интернет ва њам тариќи сафарњои расмии корї, инчунин иштирок дар чорабинињои якдигар сурат мегирад . Масалан, моњњои октябр ва ноябри соли 2013 бо таклифи Љамъияти Боѓњои њайвонот ва аквариумњои Авру Осиё дар заминаи Боѓи њайвоноти шањри Москваи Федератсияи Русия оид ба ташкили корњои равшаннамоию маърифатї дар боѓњои њайвонот конференсия баргузор гардид, ки дар он муовини директори муассиса оид ба корњои илмї ширкат варзид. Моњи декабри њамон сол бошад, ду нафар мутахассиси муассиса Б.Бегмуродов ва Е.В Ким барои омўзиши тарзу услуби бењушгардонии њайвонњои вањшї бо истифода аз таљњ��зотњои ДапInject дар Боѓи њайвоноти шањри Пенза иштирок карданд. - Ташаккур барои суњбат. Ба Шумо ва њамаи кормандони муассисаатон тани сињату хотири љамъ ва комёбї таманно мекунам . Суњбаторо Ш.Шоњзамон


12 Тољикистон

сањифаи таърих

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Лањзањои ногуфта аз иљлосияи таќдирсоз

лобу шањри Душанбе пайваст карда шуд. Акнун мардуми вилояти Кўлобу сокинони шањри Душанбе метавонистанд њар рўз аз соати 18 00 љараёни кори иљлосияро бо хубї тамошо намоянд.

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

Рўзи 16 ноябр баъди хўроки субњона њама роњи Ќасри Арбобро пеш гирифтанд. Дар байни њозир будагон ба ѓайр аз Президенти ќонунии љумњурї Рањмон Набиев ва лидери мухолифин Њољї Акбари Тураљонзодаю ќумондонњои сањрої ба назар мерасид, ки гўё њамаи фаъолони љумњурї аз њарду љониб ширкат доранд.

Истеъфои Акбаршо Искандаров талаби ќатъии вакилон буд

Оѓози иљлосия мушкилот пеш овард Аз назди фавворањо то даромадгоњи Ќаср њарљо -– њарљо постњои ќуввањои сулњдўсти Россия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон ва вилояти Ленинобод гузошта шуда буданд. Њар як шахси ба Ќасри Арбоб воридшаванда ин постњоро алоњида -– алоњида мегузаштанд. Соати 9-и пагоњї танњо ба вакилони халќ иљозат шуд, ки ба Ќасри Арбоб дароянд. Дигарон то бегоњ дар њудуди Ќаср интизорї мекашиданд. То соати 16 ба ѓайр аз вакилон ба дигарон иљозати ба Ќаср даромадан нашуд. Ба ман аз Президиуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ду намуд рухсатнома дода буданд. Яке хати сабз ва дигаре хати сурх дошт. Тибќи ин рухсатномањо ба банда њуќуќи ба њама љо озодона ворид шудан дода буданд. Аммо ин рухсатномањо барои аз постњо гузаштану ба Ќасри Арбоб ворид шудан ба кор наомаданд. Соати 16 барои корњои коргузорї лозим шудам. Аз дохили Ќаср тариќи радио мудири шуъбаи ташкилии Президиуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Иброњим Шукуров ва котиби комиљроияи вилояти Кўлоб Айнулло Неъматов такрор ба такрор хоњиш мекарданд, ки ба ман иљозат дињанд, ки вориди Ќасри Арбоб шавам. Аммо дар постњо ба ман иљозат надоданд. Баъд њам Иброњим Шукуров ва њам Айнулло Неъматов худашон омада. бандаро њамроњ гирифта .тибќи тартиби муќарраршуда аз постњо гузаронда. ба Ќасри Арбоб бурданд. Рўзи 16 ноябр баъди ба Ќасри Арбоб ворид шудани вакилони халќ барои муайян намудани рўзномаи иљлосия аз њисоби онњо гурўњї корї таъсис доданд. Бањсњо миёни онњо хеле доманадор шуда будааст ва нињоят то соати 16 онњо ба мувофиќа омаданд, ки рўзномаи иљлосияро тартиб дињанд. Сипас вакилони халќ вори-

ди маљлисгоњи Ќасри Арбоб шуданд. Соати 16-у 45 даќиќа Раиси Шўрои Олї ва њамзамон иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон Акбаршо Искандаров ба президиум баромада, изњор намуд, ки кори иљлосия ба ваќти дигар гузаронида мешавад. Бо шунидани ин эълон аксари вакилони халќ ба шўр омаданд ва ќотеъона пофишорї намуданд, ки иљлосия њатман ба кори худ шурўъ намояд, дар сурати зарурат пайдо шудан дар љараёни кори иљлосия танаффус дода шавад. Њамин тавр бо пофишории вакилони хирадманд бархилофи маќсадњои ѓаразноки баъзе ашхосони мансабдор кори иљлосия оѓоз гардид. Акбаршо Искандаров бо дили нохоњам иљлосияро кушода, њамзамон эълон намуд, ки бо анљом ёфтани ваќти корї , кори иљлосия фардо идома дода мешавад. Ба иљлосия бо даъвату бедаъват шахсони зиёде бо умедњои калон омада буданд. Дар ин шароити барои мардуми кишвар муташаниљ нигоњ доштани њамаи онњо дар мењмонхонаю хўронданашон кори басо мушкил буд. Барои њамин шаби 16 ноябр пирони хирад сарљамъ шуда. ба ќароре омаданд, ки фардо љамъомади фаъолони хољагии халќи љумњуриро бо иштироки њамагон доир намоянд ва гуфтугузори хоса баргузор созанд. Бо њамин вакилони халќ ва онњоеро, ки барои кори иљлосия ширкаташон лозиманд, нигоњ доранду бо дигарон хайрамаќдам гўянд. Бо назардошти ин машварат мебоист матни суханронии Раиси комиљроияи вилояти Кўлоб Эмомалї Рањмоновро барои фардо омода ва аз дастгоњи чопкунї мегузаронидем. Дар ин нисфишабї аз дастгоњи чопкунї гузарондани он кори дастнорас гардид. Фикр кардам,

ки чї бояд кард? Њамин дам сармуњаррири рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» Файзулло Атохољаев ба хотирам расид. Бо ў дар мактаби олии партиявии шањри Тошканд дар як ваќт мехондем. Ба хонааш занг зада вазъиятро фањмондам. Файзулло Атохољаев марди дар кору хондан масъулиятшинос буд, дарњол масъулияти ин корро дарк карда гуфт: - Шумо ба назди идораи рўзнома равед, ман њозир меоям. Идораи рўзнома дар наздикии бинои мењмонхона љойгир буд. То соати 2 – и шаб баромад дар сатњи зарурї омода гардид ва 2 нусха аз чоп баромад. Фардо дар Ќасри Арбоб љамъомади фаъолони хољагии халќи љумњурї баргузор шуд. Ба Ќаср воридшавї озодона буд. Бе ягон аз постњо гузаштан. Танњо дохили Ќасрро кормандони амният назорат мекарданд. Дар Президиуми љамъомад шахсиятњои маъруфи ваќт љой гирифтанд. Танњо курсии раиси комиљроияи вилояти Кўлоб холї буд. Эмомалї Рањмоновро аз толор ба президиум даъват намуданд, вале ў ба боло баромаданро ќабул накард. Њоло ман барои он љо хизмат накардаам, дар толор њамроњи дигарон менишинам, - гўён рад намуд. Љамъомад оѓоз ёфт. Баъзе намояндањо аз манотиќи гуногуни кишвар сухан гуфтанд. Баъд сухани навбатиро ба раиси комиљроияи вилояти Кўлоб Эмомалї Рањмонов доданд. Эмомалї Рањмонов зери чапакзанињои пурмављу бардавом ба минбар баромад. Њангоми суханронии ў толорро хомўшї фаро гирифт. Баромади пурмуњтавояш тариќи телевизион ва радиои вилояти Ленинобод ба тамоми мардуми вилоят пањн гардид. Аз суханронињои ў дар дили мардуми ташнаи сулњу вањдат дилгармї ба вуљуд омад. Аз он

лањза мардум нисбати ў эътиќод оварданд ва дар симояш ватандори асилро эњсос намуданд. 18 ноябр иљлосия ба кори худ идома бахшид. Дар он танњо вакилони халќ, журналистони хориљу кишвар, муаллифони лоињаи рукнњои муќаддаси давлатдорї парчаму нишон ширкат варзиданд.

Пайвасти намоишњои тв «Ленинобод» ба шабакаи Орт-и Россия Банда тибќи супориши муовини раиси комиљроияи вилояти Кўлоб Ќимат Рустамова мебоист њар рўз аз љараёни кори иљлосия тариќи телефонї гузориш медодам ва гузоришњо ба воситаи телевизиони Кўлоб ба мардум расонда мешуд. Дар толорњои Ќаср барои журналистон шароитњои хуб муњайё карда буданд. Вале он лањза ба тамоми дунё гуфтугў кардан осонтар буд ба љуз вилояти дар муњосира ќарордоштаи Кўлоб. Њарчанд зањмат мекашидаму кўшишњо ба харљ медодам, бо Кўлоб пайваст шуда наметавонистам. Бо назардошти вазъият маслињат доданд, ки фиттањои кори иљлосияро дар њар се рўз аз журналистони телевизиони Ленинобод гирифта, ба Кўлоб бараму тариќи телевизиони Кўлоб намоиш дињам. Тибќи маслињат кори се рўзи аввали иљлосия њамин тавр инъикос ёфт. Ба Кўлоб омада фиттањоро аз соати 10 то соати 17 се рўз тариќи телевизион намоиш додем. Хушбахтона рўзњои дигар мушкилот њалли худро ёфт. Бо ташаббуси котиби комиљроияи вилоят Айнулло Неъматов ва дастгирии сардори Раёсати истењсолї - – техникии алоќаи вилояти Ленинобод Бобољонов намоиши телевизионии вилояти Ленинобод тариќи шабакаи ОРТ– и Россия ба вилояти Кў-

Рўзи 18 ноябр вакилони халќ дар иљлосия пурмањсул кор карда, истеъфои Акбаршо Искандаровро талаб намуданд. Дар атрофи ин масъала бањсњои доманадор ба миёнё омад. Нињоят Акбаршо Искандаров тариќи шифоњї истеъфои худро эълон кард. Вакилони халќ барои пеш бурдани кори иљлосия вакили халќ Њабибулло Табаровро раис интихоб намуданд. Аммо андаке нагузашта Акбаршо Искандаров зери таъсири суханњои ќабењи Шодмон Юсуфов хатоиашро фањмида, ба назди микрофони дар толор монда омада, эътироз кард, ки истеъфои ў ќонунї нест, зеро ба таври шифоњї розигї додааст. Вакилони халќ барои расмї кунонидани истеъфои Акбаршо Искандаров ба ў имконият доданд, ки дубора ба президиум барояд. Ин дафъа Акбаршо Искандаров бо талаби ќатъии вакилони халќ истеъфояшро хаттї навишта, онро расмї кунонд.Баъд вакили халќ Њабибулло Табаров кори иљлосияро боз идома бахшид. Фаъолияти хирадмандонаи вакилони халќ дар иљлосия рўзи 19 ноябр ба вуќўъ пайваст. Дар ин рўз вакилони халќ раиси комиљроияи вилояти Кўлоб, вакили мардумї дар Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмоновро ба мансаби олї, Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, зери чапакзании пурмављ интихоб намуданд. Сипас вакили халќ Аслиддин Соњибназаров таваљљуњи вакилонро барои дар доираи Конститутсия ба расмият даровардани ќарорњои иљлосия љалб сохт. Ў ба вакилони халќ пешнињод намуд, ки сохтори давлатдории мо президентї мебошад, президенти ќонунї интихобшуда зиндаю њаёт аст, ў расман ба истеъфо нарафтааст. Биёед аввал президенти тариќи раъйпурсї интихобкардаамон Рањмон Набиевро даъват намуда, истеъфояшро расмї кунонем, баъдан бо таќозои айём ќарор љињати заруриятї аз сохтори идоракунии президентї ба сохтори идоракунии парламентї гузоштан ќабул созем, сипас ќарорњои минбаъдаамонро дар доираи талаботи конститутсия пеш барем. (Давом дорад) Шералї Яњёев «тољикистон»


хунукназарї

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Тољикистон 13

Демократия дар њабсхонањои тољик ё чаро мањбусон бо посбонон сари як табаќанд?

Якшанбеи 16-уми феврал мањбус Умед Тешаев сардори СИЗО-и Кўлоб полковники 65-сола Умар Ќаюмовро бо ќайчї зарбаи љонкоњ зад. Дар натиља Умар Ќаюмов зарари вазнини љисмонї бардошта, њангоми ба беморхона бурдан, дар роњ ба њалокат расид. Аз рўйи баъзе овозањо сардори мањбас шодравон Умар Ќаюмов аз Умед Тешаев хоњиш кардааст, то мўйи сари ўро ба тартиб дарорад, аммо њангоми сартарошї Тешаев ба љони сардори мањбас ќасд карда, бо ќайчии сартарошиаш ба гўлу ва чанд љойи дигари сардор зада, ўро захмї мекунад. Умар Ќаюмов дар роњ њангоми ба беморхона бурданаш ба њалокат мерасад. Нисбати шахсияти Умар Ќаюмов мардуми Кўлоб суханони нек мегўянд. Ба гуфтаи онњо ин марди солиёни зиёд дар маќомот фаъолият дошта, дар байни мардум ва мањбусон эњтироми зиёдро соњиб буд. Шояд њамин рањмдилию худбоварї ба он водор

кардааст, ки полковник аз мањбуси хатарнок хоњиши ба тартиб овардани мўйи худро кардааст. Вале мењрубонии сардор ба фољеа анљом ёфт. Мувофиќи маълумотњои ба мо расида, дар мањбасњо ќариб мондааст, ки кормандони мањбас бо мањбусон сари як табаќ нишаста таом хўранд. Гўё дар баъзе мавридњо солњои пешин мањбусон бо кормандони мањбас якљоя намози љамоат мехондаанд. Имрўз дар баъ-

зе мањбасхонањо мањбусон аз телефонњои мобилї озодона истифода бурдаву ишќварзї мекунанд. Мувофиќи маълумотњои ба мо расида, ду-се соли охир хонадоршавии занону духтарони тољик бо шахсони дар мањбасбуда рў ба афзоиш нињодааст. Танњо соли гузашта беш аз 70 занону духтарон бо мањбусон аќди никоњ бастанд. Аксари ин навхонадорони мањбас аз тариќи телефонњои мобилї

ба њам ошної пайдо кардаанд. Ба мањбусон кї телефон медињад? Њатто як сол пеш мањбусе аз дохили мањбас бо телефони мобилї ба мо дар тамос шуда аз вуљуд доштани шиканља дар мањбас арз кард. Баъдтар мањбусе аз мањбас бо телефони мобилї бо дўсти аз мањбусї озодшудааш дар тамос шуда, ўро барои дарёфт кардани маводи мухаддир рањнамої мекунад, ки дар ин бора мо дар њафтаномаи «Тољикистон» ма-

води муфассал чоп карда будем. Чаро мањбусон дар дохили мањбас боз ќонуншиканї мекунанд. Кї ба онњо телефон дастрас мекунад. Пас назорати прокурорї куљост? То кунун љузъиёти ин њодисаи марги сардори мањбаси Кўлоб ба мо аниќ нашудааст. Мањбус Умед Тешаев бошад шаш моњ пеш дар яке аз сартарошхонањои Кўлоб кор мекард ва барои кўштори як нафар бо 54 зарби корд мањбасї шуда буд. Суди шањри Кўлоб Умед Тешаевро бо гуноњи кўштори Абдурасул Алиев ба 17,5 сол равонаи мањбас карда буд. Умар Ќаюмов хатмкунандаи факултаи забони русии Донишгоњи давлатии Кўлоб буда, беш аз 20 сол дар низоми мањбасхонањо кор кардааст. Тайи таќрибан 15 соли охир ў сардори мањбаси Кўлоб буд. Полковник Умар Ќаюмов мебоист соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматњои шоистааш ўро водор кардаанд, ки ба иљрои вазифааш идома дињад. И.ИДИЗОД

«Шањри бехатар» мошинњо ба чуќурї мезананд

Њафтаи сипаригардида аз сатрњои равони шабакањои телевизионї воќиф гардидам, ки лоињаи «Шањри бехатар» дар пойтахти кишварамон 3 миллион сомонї фоида оварда, ба коњиш ёфтани 50 фоизи садамањои наќлиётї асос гузоштааст. Албатта, ин раќамњо хеле љолиби диќќатанд. Вале ба аќидаи ронандагон татбиќи лоињаи «Шањри бехатар» дар кўчаю хиёбонњои пойтахт боиси эљод шудани монеањо њам шудааст. Ин љо гап сари он меравад, ки бародарони хитої њангоми гузаронидани ноќилњо барои насби камерањои мушоњидавї чорроњањои кўчаю хиёбонњои пойтахтро чуќурї канда, тахту њамвор кардани онњоро аз хотир баровардаанд. Дар натиља ба њаракати муътадили наќлиёт монеа эљод кардаанд. Њар гоње мошинњо аз ин чуќурињо мегузаранд, норозигии ронандагон аз роњсозону насбкунандагони камерањои мушоњидавї меафзояд. Чу-

нин вазъиятро айни замон дар чорроњањои кўчањои Шестоповлов, Борбад, Фирдавсї ва Неъмат Ќарабоев дидан мумкин аст. Шањрдорї љињати кандани кўчаю хиёбонњо ќарори дахл-

доре доред, ки он зери назорати доимї мебошад ва тибќи он раисони ноњияњои шањр ва сохторњои марбута муваззаф шудаанд, ки дар њалли ин масъала дахолати љиддї намоянд.

Мутаассифона аз ваќти кандани роњњою насби ќисман камерањои мушоњидавї ваќти тўлонї гузашта бошад њам, вале касе дар хусуси пур кардани чуќурињои кандашуда парвое надоранд.

Махсусан рўзњои боронгарї ин чуќурињо аз об пур шуда, њаракати муътадили наќлиётро халалдор мекунанд. Ба андешаи мутахассисони роњсоз пур кардани ин чуќурињои кандашуда мењнати зиёдеро талаб намекунад, вале ташаббускор ёфт намешавад, ки ба ин кори савоб даст занад. Нигаронии ронандагон боз дар он аст, ки дар роњњои « Шањри бехатар» ранги аломатњои ќоидањои њаракати наќлиёт хираанд. Аз ин сабаб њам ронандагон талаботи камерањои мушоњидавиро ба љо оварда наметавонанд Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шањр ва дигар сохторњои марбута бошанд, њамарўза њар ќадами ронандагонро назорати љиддї мебаранд. Вале чаро оид ба ин масъалањо бетарафї зоњир мекунанд. Хайр, дунё ба умед гуфтаанд, шояд рўзе мерасад, ки мошинњои ин дастандаркорон њам ба ин чуќурињо афтаду мушкилоти ронандагонро аз байн баранд. «Тољикистон»


мавлуднома

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Акбари Саттор:

Ман истеъфои раисро хостам

(Аввалаш дар сањ.5) Баъзеи ин созмонњо ба љуз раис ва як нафар коргараш дигар ягон аъзое надорад. Масалан, вазорати адлия, ки нињоди баќайдгирандаи ин созмонњо мебошад, омўхта бинад, онњо чї ќадар аъзо доранд? Намедонам, дар паси ин созмонњо кї меистад, њар гуна изњоротро пахш мекунанд, вале оќибати онро боре њам фикр намекунанд. Албатта, вуљуд доштани онњо бар зарари љомеа нест, аммо бояд дар доираи ваколатњои худ амал кунанд. -Албатта, Иттињоди журналистон созмони љамъиятї мебошад. Мегуфтед, муддати чанд соле, ки Шумо роњбарии онро бар дўш доред, барои обрўву нуфузи иттифоќ кадом корњоро ба анљом расонидед? -Пеш аз њама пурзўр кардани њимояи журналистон. Имрўз нафаре, ки ба иттифоќ аъзо шудан мехоњад, аввал, суол мегузорад, ки иттифоќ ба ў чї медињад? Барои њамин, мо кўшиш карда истодаем, ки њимояи иљтимоиву њуќуќии журналистонро ба роњ монем. -Бо кадом роњњо мехоњед, ки ин корро ба анљом расонед? -Њоло кўшиш карда истодаем, ки барои рўзноманигорони љавони дар пойтахт ба манзили зист эњтиёљ дошта, кўмак расонем. Чанд муддат пеш ба Раиси шањри Душанбе тавассути мактуб мурољиат кардем, ки барои онњо имтиёз дода шавад то соњиби манзил шаванд. Ба њамин мазмун ба раисони шањру навоњї ва вилоятњои љумњурї низ мактуб ирсол намудаем. Роњњо гуногунанд, аммо боз такрор мекунам, ки маблаѓ лозим аст. Танњо бо аъзоњаќќии як-ду нафар масъала њал намешавад. Имрўз журналист зиёд шуда, масъулияту касбият паст шудааст. -Сабаб дар чист? Дар Тољикистон чандин донишгоњу донишкадањои олї вуљуд доранд, ки ба омода намудани мутаххассиси соњаи журналистика машѓул њастанд… -Намедонам, љурм дар чист. Мутаассифона, имрўз бештари рўзномањо кадри соњаи журналистикаро мељўянд. Ба ин хотир, шуруъ аз моњи март наќша дорем, ки дар тамоми факултањои журналистикаи донишгоњњои олии пойтахт ва вилоятњо вохўрињо доир намоем. Аз донишљўён фањмидан мехоњем, ки барои онњо чї намерасад? Шояд он муаллимоне, ки барояшон дарс

мегўянд, аз методњои замони Шўравї истифода мебаранд ва тарзу усули кор дар рўзномањоро намедонанд? Имрўз рўзномањо ба тиљорат табдил ёфта, талаботи корї њам дигар шудааст. Аммо он кадрњое, ки мехоњем, барои кор дар рўзнома ќабул кунем, ба талаботи имрўз љавобгў нестанд. -Шояд дар тайёр намудани кадрњои журналистї ба миќдор таваљљуњ мекунанду ба сифат не? -7 сол ќабл ман ин суханњоро гуфта будам. Боз мегўям, ки зарурияти дар вилоятњо фаъолият доштани факултањои журналистика нест. Чунки на таљњизоти техникї ва на муаллимони пурќуввати журналистика надорем, ки ба донишљўён дарс дињанд. Имрўз ваќти он расидааст, ки шуъбањои журналистикаро дар вилоятњо барњам дињем. Ба назари ман, танњо як факултаи журналистика боќувват бояд шавад. Ин танњо дар базаи Донишгоњи миллии Тољикистон шуда метавонад. Журналистони ояндаро фаќат дар пойтахт тайёр кардан мумкин. Тамоми ќуввањои аќливу зењнї дар ин љо бояд сарљамъ шаванд ва рўзноманигорони боќувватро омода созем. -Собиќадорони соњаи журналистика чунин андеша доранд, ки кадрњои журналистии дар донишгоњи Хуљанд тайёршаванда аз кадрњои журналистии дигар факултањои рўзноманигорї фарќ мекунанд. Роње, ки Шумо пешнињод кардед, магар кадрњои журналистии дар минтаќањо барои минтаќањо тайёрмешударо аз байн намебарад? - Албатта, аксарият ба ин муќобиланд, аммо ин андешаи шахсии ман аст. Бигузор, кадрњои журналистии Хуљанд њам дар пойтахт тайёр шаванд ва онњоро ба ин љо љалб намоем. - Чанде пеш Шўрои ВАО ба истилоњ як «назарпурси»е доир намуд. Аз нигоњи мутахассисон он хеле хандахариш менамуд. Бе далел, бе санљиш, бе назарпурсї рўзномањоро ба табаќањо људо карда, як тафриќае миёни онњо андохт. Шумо узви ин Шўро њастед. Магар бо чунин сањлангорї нисбати матбуот мувофиќ будед? -Дар љаласаи охирине, ки Шўрои ВАО доир кард, ман њам њамчун узви он пазируфта шудам . Он ваќт даъвои ман чунин буд, ки ин шеваи бањогузорї нисбати

рўзномањо комилан нодуруст аст. Њамчунин аъзои Шўро нигаронї кардам, ки барои чї љамъбасти мониторинг воќеї бошад, чаро ба муњокимаи Шўро набароварданд. -Пас, аз нигоњи Шумо, Шўрои ВАО њуќуќи табаќабандии расонањоро ба гурўњњо дорад? -Не, ба ин њуќуќ надорад. Танњо њуќуќи гузаронидани мониторингњоро аз рўйи меъёрњои ахлоќии журналистї дорад. Ман ин масъаларо сахт ба миён гузоштам, њатто талаб намудам, ки барои чунин муносибати нодуруст нисбати матбуот раиси Шуро ба истеъфо равад. - Инак, Шўрои ВАО рўзномањоро ба гурўњњо табаќабандї кардааст, акнун хулосаи Шумо нисбати ин рафтор чї гуна шуд? - Масъалае, ки Шўро бардошт, дар Иттињоди журналистон низ вуљуд дорад. Аксарият тариќи матбуот маро гунањгор мекунанд, ки чаро иттифоќ чунин мониторинг ва назарпурсињоро доир намекунад, њол он ки худи иттифоќ њам ин гуна ваколатњоро дорост. Албатта, барои гузарондани њар гуна назарсанљиву мониторинг ба мо маблаѓ лозим аст. Мутаассифона, мо дар дохили кишвар нињодњоеро надорем, ки ин гуна лоињањоро дастгирии молиявї кунанд. Ягона маблаѓгузори ин лоињањо ташкилотњои хориљї мебошанд ва Иттифоќи журналистонро њамчун як нињоди давлатї ё худ љамъиятї ќабул кардаанд. Њоло чандин созмонњое, ки дар доираи журналистика фаъолият доранд, имконияти гирифтани грантњои хориљиро доранд. Бинобар ин, онњо њамин гуна назарсанљињоро доир мекунанд. -Оё наметавонед, ки аз њисоби маблаѓњои њаќќулузвият мониторинг доир ва рейтинги рўзномањоро муайян кунед? -Барои мо аз њама кори мушкил ин љамъ кардани маблаѓи њаќќулузвият мебошад. - Айни замон Иттињоди журналистон чї ќадар аъзо дорад ва њаќќулузвият чї ќадар аст? -Мо 2400 нафар аъзо дорем ва аъзоњаќќї 3 сомонї барои як моњ аст. Аъзоёни дар шањри Душанбе буда, каму беш маблаѓ месупоранд. Аммо дар минтаќањо инро љамъ карда наметавонем. Албатта, ин маблаѓи зиёд нест, вале айни замон мо механизмњои љамъ кардани онро љустуљў дорем. «Тољикистон»

Тољикистон 15

Таквими 20 феврал

-Нурї Баротова (1949), 65- солагии зодрўзи олимаи соњаи иќтисод. -Абдуљалил Воситзода (1929-2004), 85- солагии зодрўзи шоир, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. -Муњаммадљон Гулљонов (1939), 75- солагии зодрўзи муаррих шарќшинос. -Файз Дўстов (1944), 70- солагии зодрўзи генерал-майор. -Балаљон Пирназаров (1939-1997), 75- солагии зодрўзи олими соњаи биология. -Абдулњамид Раљабов (1939-2007), 75- солагии зодрўзи олими соњаи география. -Дўстмурод Саидмуродов (1934), 80- солагии зодрўзи муаррих-шарќшинос. -Шарифбой Њољиматов (1934), 80- солагии зодрўзи журналист.

21 феврал -Гулчењра Рањмонова (1954), - 60- солагии зодрўзи олимаи соњаи тиб. -Абдуѓаффор Сатторов (1904-1972), 110- солагии зодрўзи пахтакор, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї. -Ањмади Учќурѓонї (1914-1988), 100- солагии зодрўзи шоири тољик (Ќирѓизистон). - Рўзи љањонии забон.

22 феврал Зебуниссо (Махфї) (1639-1702), 475- солагии зодрўзи шоираи форс-тољик. -Алексей Лисенко (1929), 85- солагии зодрўзи экскваторчї, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї. -Наимљон Шукуров (1934), 80- солагии зодрўзи олими соњаи кишоварзї. - Рўзи байналмилалии дастгирии ќурбонињои љиноятњои љангї.

23 феврал -Юсуф Саодатов (1944-2005), 70- солагии зодрўзи мусиќидон, Ходими шоистаи њунари Тољикистон. -Пётр Сой (1929), 85- солагии зодрўзи доктори илми техникї, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии ба номи Ибни Сино. - Рўзи артиши тољик.

24 феврал -Иброњим Ализода (1894-1982), 120-солагии зодрўзи файласуф, шарќшинос. -Иван Клименко (1904-1979), 110 - солагии зодрўзи доктори илми кишоварзї, профессор. -Зайниддин Шарифов (1934), 80- солагии зодрўзи олими соњаи тиб.

25 феврал -Саъдуллои Мўсо (1964-2012), 50- солагии зодрўзи шоири њаљвнигор. -Абдулло Собиров (1934), 80- солагии зодрўзи олими соњаи техника. -Тоњир Умаров (1929-1975), 85- солагии зодрўзи муаррих.

26 феврал -Карим Абдулов (1939-2011), 75- солагии зодрўзи доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тољикистон. -Саидалї Воњидов (1954), 60- солагии зодрўзи файласуф. -Нозим Сафаров (1939), 75- солагии зодрўзи доктори илми таърих, профессор. Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: rahimzoda@pressa.tj


таблиѓ

16 Тољикистон

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

онњои л ъ э д е н о в а фиристед. т е о м а б 7 7 Шумо м 7 7 и бо раќам с м с и т у с с а в а худро т -78-78 8 3 2 т о м у л ъ а им Телефон баро

Мефурўшам Њавлї Бўстонсаро

•• Хона иборат аз 2 њуљра, бо пешайвон, дар минтаќаи Ќазоќон. Тел:907-80-60-99, 93-941-80-95 •• 2-њуљрагї ошёнаи 1, таъмири аврупої бо мебел ва њота, мањаллаи 65, нархаш шартномавї. Тел: 907-76-19-65 •• 3 њуљрагї, ошёнаи 1, 86 кв.м., кўч. Н.Махсум, бе таъмир, сохтмони нав. Тел: 93-812-65-75 •• 3 њуљрагї, ошёнаи 7, 79 кв.м., кўч.Н.Махсум 6, бе таъмир, сохтмони нав. Тел: 93-812-65-75 •• 3 њуљрагї, ошёнаи 9, 83кв.м., кўч. Н.Махсум, сохтмони нав. Тел: 93-812-65-75

Гуногун •• Таъљилан! Арзон! Ќитъаи замин, тањкурсї, девор, дарвозањо ва шиносномаи техникї, 2 сотих замин, дар маркази шањр, кўч. Красный Партизан, дар паси «Жасмин». Тел: 935-61-61-01, 985-61-61-01 •• Бинои тањхона, ки масоњаташ 208 метр аст, кўч. Н.Махсумов 6. Тел: 93-812-65-75

Иљора медињам •• Хона иљора мегирам. Тел: 985-38-15-83

Хизматрасонї •• Насби антеннаи моњворавїАндрей. Тел: 918-76-74-08 •• Бригадаи сохтмончиён

корњои таъмири хонањо ва офисњо ба мисли стяжка ва шинондани плитаро ба љо меоранд. Тел: 91876-74-08 •• Ба Гимназияи инфиродї омўзгори ќисми њарбї, ба кори доимї ё дар асоси шартнома, бо маоши баланд. Тел: 919-99-70-60

Гумшуда •• Раќами гумшудаи автомашинаи ВР01-00РТ01 шахсе, ки онро ёфтааст, дар сурати баргардониданаш мукофот интизор аст. Тел: 918-6353-53 Љамол, 918-98-00-77 Ќурбон

Саломатї •• Маркази тибби халќии “Кимиёи саодат”: њамаи намуди паразитњо, кирмњо ва гиљањо “шлакњо”, дисбактериоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскарида ва ѓ.) суроѓа: н.Рўдакї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пештара), тел: 901500-760, 919-01-71-73, 917-33-3355, 918-12-52-12

Эътибор надорад •• Дафтарчаи имтињонии гумшуда, ки онро соли 2013 Донишкадаи молия ва иктисоди Тољикистон ба Бегалиев Резвон Нуралиевич додааст, аз эътибор соќит дониста шавад. •• Билети донишљўйии гумшуда аз донишљўйи курси 3-и факултети менељменти молиявї, ихтисоси 125010410б-и ки онро соли 2011, Донишкадаи технологии

Тољикистон ба Азизов Шарифмурод Шералиевич додааст, беэътибор дониста шавад. •• Шиносномаи гумшудаи серияи ОR2147644, шањрванди Афѓонистон ба номи Ањмад Сафаралї бе эътибор дониста шавад. •• Дипломи гумшудаи серияи Д-938152, ТТУ №3 ш. Душанбе, касби «ошпаз» -и дараљаи 4, ки онро соли 8.08.1993 ба Кулиев Толиб Нумонќулович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дипломи гумшудаи ЭВ №837053, тартиби раќами 3374, ки онро соли 1994 Коллељи муњандиси омўзгорї, ихтисоси «сохтмони саноатї ва шањрвандї» ба Каљаев Зайниддин Шарофуддинович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дипломи гумшудаи №АТ-1 044082 аз 26.06.1990, ки онро Донишгоњи рассомї ба номи М. Олимов ба Арабов Сирољиддин Њакимов додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникии гумшудаи Њакимов Идибек Одиевич бо суроѓаи: Њисор 24, њуљ.32, бе эътибор дониста шавад. •• Билети донишљўйии гумшуда №05-4302/12, ки онро соли 2013 Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М.Осимї ба Одинаев Бањодур додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи гумшудаи серияи А4108737, ки онро ШКД-и н.И.Сомонї аз 22.11.2008, ба Файзуллоева Тањмина Носировна ва шањодатномаи оиди таваллуди кўдак аз 11.05.2007, додааст

ЭЪЛОН

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон барои ишѓоли вазифаи Сардори шўъбаи мукаммалот ва коркарди хазинањои китобхона озмун эълон менамояд. Шахсоне, ки мехоњанд дар озмун иштирок намоянд, бояд маълумоти олии соњаи китобдорї ва собиќаи 5 сол дар китобхона дошта бошанд. Озмун аз санаи 19 то 1 марти соли 2014 гузаронида мешавад. Нишонии мо: ш.Душанбе, к.Айнї 14 а. (Рў ба рўи истгоњи «Экрани кабуд»)

Телефонњо барои тамос: 2276517, 2212274, 2216184 Почтаи электронї: gptb.tj@mail.ru бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникии гумшудаи №15055 аз 21.09.1989, ба номи Мањкамов Абдунумон бо суроѓаи: кўч. Тельман 159, бе эътибор дониста шавад. •• Аттестати гумшудаи № 039844, ки онро соли 1989 мактаби миёнаи №1 н.Љиликўл ба Рањмонов Зокирљон Алланазарович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтари њавлии гумшуда бо суроѓаи ш. Хуљанд, мањаллаи 8, х.82, њуљ.3 ба номи Акшалов Алексей Серикович бе эътибор дониста шавад. •• Номаи камоли гумшудаи АБ 235580 ки соли хониши 1998-99 аз тарафи мактаби № 43 ноњияи Б. Ѓафуров ба Аликулова Орзугул Абдувалиевна додааст, бе эътибор дониста шавад.

•• Шањодатномаи Бегмурзаев Аъзам Анварович, № 0023481 РЯМ 0430010204 аз эътибор соќит дониста шавад. •• Дипломи гумшуда, ки онро соли 1.07.1999 Донишгоњи давлатии забонњо ба Вафоева Роксана Ганнадевна додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Шартномаи туњфаи њавлии гумшуда бо фењрести 6Д-2814 ки онро соли 8.11.2002 дар идораи нотариалии н. Марказї оиди суроѓаи кўч.Крупская №18, ба Давронов Мањмадрањим Мањмадалиевич ба расмият дароварда шудааст, аз эътибор соќит дониста шавад. •• Шиносномаи гумшудаи серияи А 6832570, аз 23.08.2011, ки онро ШКД-и н. Сино, ба Њаитов Садулло Сомонович додааст, бе эътибор дониста шавад.


рангоранг

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Тољикистон 17

•• њамал (21 март- 20 апрел)

Тамоми фикратон ба кўдакон банд мешавад. Дар баробари ин саломатиро фаромўш накунед. Њис мекунед, ки шумо баландиеро тай карда истодаед, ки њамвории он наздик омадаст. Њафтаи мувафаќият ва дастовардњои зиёдро ситорањо пешгўйї кардаанд.

•• Савр (21 апрел - 20 май)

Эътибор надорад

•• Њуљљатњои гумшудаи мошини маркаи Тойота кемри, шиносномаи техникї, ба номи Толибова Холмоњ бе эътибор дониста шавад. •• Аттестати гумшудаи №ТШТУ-0056111, ки онро соли 2006 мактаби миёнаи №1 н. Синои ш. Душанбе ба Мирзоев Ш��мси Гулмирхонович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Дафтарчаи донишљўии раќами №148 ки онро соли 2003 Донишгоњи давлатии тиљоратии Тољикистон ба Камолов Сањобиддин Салоњиддинович додааст, бе эътибор дониста шавад. •• Вараќи баќайдгирии №12803 гумшуда ба номи Давлатов Таѓоймурод бо суроѓаи: ш. Душанбе, к/з Чортеппа, уч.Љуйбодом, х.249 бе эътибор дониста шавад. •• Дафтари њавлии гумшуда ба номи Нурбобоев Тухтамиш, бо суроѓаи: н. Рўдакї, љамоати «Россия», кўч. Чил Мењроб, х.61 бе эътибор дониста шавад. •• Шиносномаи техникии гумшуда №1823 ба номи Тошев Хайрулло, бо суроѓаи: н.Њисор, љамоати Дурбат, дењаи Дурбат бе эътибор дониста шавад.

Барњам мехўрад •• Соњибкори инфиродї Исмоилов Олим Нуралиевич, ки бо шањодатномаи № 0058604, РЯМ 0430029509, РМА 045157031 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Юлдошев Холмуњаммад Хидирович, ки бо шањодатномаи №0231887, РЯМ 0330183224, РМА 195106155 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Азимов Љура Ѓаниевич, ки бо шањодатномаи №0000983, РЯМ 0430128857, РМА 045157170 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Бобољонов Музафар Бањромович, ки бо шањодатномаи № 0000981, РЯМ 0430128839, РМА 045615651 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Мањмадшоев Убайдулло Њайбуллоевич, ки бо шањодатномаи № 0000982, РЯМ 0430128848, РМА 126000149 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Рањмонов Мањмазиё Љабборович, ки бо шањодатномаи № 0065029, РЯМ 0130079327, РМА 125722581 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Бењрўзи Сарбанди», воќеъ дар ш. Сарбанд, раќами

шањодатномаи 0019255, РЯМ 3910000344, РМА 390000916 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Раљабова Марзиямо Саидовна, ки бо шањодатномаи № 0147181, РЯМ 0430066313, РМА 045167413 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Шорањматов Шоилњом Рауфович, ки бо шањодатномаи № 0072957, РЯМ 0430151765, РМА 625143674 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Салимов Мањмадраљаб Ќодирович, ки бо шањодатномаи № 0145440, РЯМ 0930043125 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Маматќулов Аъзамљон Њусанбоевич, ки бо шањодатномаи № 0103251, РЯМ 1230106946, РМА 12616141486 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Амирљон-98», воќеъ дар н. Фирдавсї, РЯМ 0310015485, РМА 030026227 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Исматов Алишер Анварович, ки бо шањодатномаи № 0004194, РЯМ 0331199990, РМА 045872207 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Зиёев Саид Камолович, ки бо шањодатномаи № 0004046, РЯМ 0331193675, РМА 037166342 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Назир Мир Гулович, ки бо шањодатномаи № 0009070, РЯМ 0430002082, РМА 045393776 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Фининформ», воќеъ дар н. Шоњмансур, раќами шањодатнома 0122845, РЯМ 0110010515, РМА 010015613 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 2 моњ ќабул карда мешавад. •• ЉДММ «Абубакр 2012» № 0257482, РЯМ 0410022434, РМА 040042381 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Каримов Сарвар Љумабоевич, ки бо шањодатномаи № 0258066, РЯМ 0430124824, РМА 045678840 фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Љумаев Нозим Худойдодович, ки бо шањодатномаи № 0179304, РЯМ 0230028948, РМА 0252556757 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

Зодрўз муборак! Њамкурси мењрубони мо, Ояљон Абдуллоева. Шуморо бо љашни камолот шодбош гуфта, орзуи онро дорем, ки њамеша зиндадилу хушбахт дар њалќаи фарзандону наберањо ва пайвандон бошед.Шумо, ки дар оилаи фарњангиён ба камол расидаед, бењтарин хислатњои инсонї: ростию росткорї, њалимию мењрубонї, фурўтанию накўкориро рисолати зиндагии хеш ќарор додаву дар дилу дидаи наздикон ва шарикдарсон маскан гирифтаед. Бо камоли эњтирому самимият аз забони шоир гуфтанием: Шуморо обрў бошад њамеша, Баланд аз ќуллањои кўњсорон. Ба олам бахту давлат ёратон бод, Чунин аст орзуи љамъи ёрон.

Дуогўи шумо: њамсабаќњо

•• ЉДММ «ТЭКО» воќеъ дар н. Сино, раќами шањодатномаи 0227225, РЯМ 0410017328, РМА 040036977 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Филиали ЉДММ «Тољирон» РМА 020038641 фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Патенти гумшуда ба номи Холмуродов Нуралї Сафарович, РМА 185256405, РЯМ 0130063495 аз сабаби гум шуданаш фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Мирзоева Насиба Мирољидиновна, ки бо шањодатномаи № 0152593, РЯМ 0130037912, РМА 045698349 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Бистро 2» воќеъ дар н. Шоњмансур, № 0257366, РЯМ 0110017014, РМА 010091627 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• ЉДММ «Осиёи нав» воќеъ дар н. Сино, № 0264733, РЯМ 0410024267, РМА 040044392 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Ташкилоти љамъиятии гумшудаи «Кумитаи волидон ва омўзгорони МТМУ № 43», № 0000041, РМА 150004044, раќами ќайди ИЧ 1364, 9 феврали соли 2011 дода шудааст, барњам мехўрад. •• Соњибкори инфиродї Яќубова Заррина Исмоиловна, ки бо шањодатномаи № 0229135, РЯМ 0130045145, РМА 045653527 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Сафаров Алишер Талбиевич, ки бо шањодатномаи № 0007444, РЯМ 0430142607, РМА 045911448 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• Соњибкори инфиродї Рамазони Сулаймон, ки бо шањодатномаи № 0000952, РЯМ 0430128490, РМА 255120288 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Тадж Транс Газ», воќеъ дар н. Шоњмансур, № 0228701, РЯМ 0110006793, РМА 010080959 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешавад. •• Соњибкори инфиродї Бобоев Бањром Суњробович, ки бо шањодатномаи № 0229916, РЯМ 0330166907, РМА 125284439 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд. •• ЉДММ «Таљгруп», РЯМ 0110013833, РМА 010087984 барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо муддати 2 моњ ќабул карда мешавад.

Њафтаи намунавї дар њаёти шумо мебошад. Саврњо кўшиш мекунад, ки дорои зиёдро ба даст оранд, вале инљо сухан дар бораи корњои бесаранљом меравад. Барои бартараф кардани ин мушкилї ба роњабарият мурољиат карданатон хеле хуб мешавад. Дар њавои офтоби гашту гузори кўдаконатонро ба наќша гиред.

•• љавзо (23 май- 21 апрел) Љавзњоро ин њафта мулоќотњои ошиќона дар назар аст. Ба саломатиатон диќќати љиддї дињед, ки як бора кам шудани вазнатон атрофиёнатонро ба ташвиш меорад. Дар коргоњ бо роњбаратон сари як масъала барои наќшаи дар дил доштаатон маслињат кунед.

•• саратон (22 июн- 22 июл) Муносибати хуб бо ањли кормандон доштан шиории ин њафтаинаи саратонњо мебошад. Нафароне, ки дар тањти ин бурљ ва дар моњи июн таввалуд шудаанд, худро шахси озоднабуда шуморида, вобаста ба интихоб дар зиндагї мешуморанд. Аз як тараф ин њолат ба шумо ширинї меорад ва оѓози марњалаи ба даст овардани дороии зиёд мегардад.

•• • асад (23 июл- 23 август)

Дар њаёти асадњо навигарињои зиёд ворид мешавад. Дар тарњи наќшакашї ва љо ба љо гузории корњои дар пеш истода бо эњтиёт бошед. Кўшиш кунед, ки дили сард гаштаеро ба даст оред. Ба атрофиён муросо ва муносибати хуб доштанро фаромўш насозед. Асадњо бештар ба варзиш машѓул мешаванд. Аз ин хотир нерў ва ќувваи бузурге доранд. Њафтаи хеле хуб онњоро дар назар аст.

•• сунбула (24 август- 23 сентябр) Нафароне, ки дар зери ин бурљ таввалуд ёфтаанд, худашон њама корро ба анљом расонидан мехоњанд. Чусту чолокии онњо њамаро ба њайрат овардааст. Кўшиш кунед, бовариро аз даст надињед. Ваќти ба корњои хона машѓул шуданатонро низ људо намоед.

•• мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Мизонњоро лозим аст, ки бо бародарон, хохару дўстон, њамсоягон суњбат ороянд, хабарњои дар даст доштаашонро ба онњо расонанд. Мизонњое, ки дар моњи сентябр таввалуд шудаанд, хомўш нишастанро дўст медоранд. Дар њалќаи ањли байт будан барои онњо бењар аст. Аз дигарон канораљўйї мекунанд. Дар назар аст, ки ба вазифаи баландтар шуморо таъйин мекунанд.

•• Аќраб (24 октябр - 22 ноябр

Дар њаёти аќрабњо ягон навгонї ба вуљуд намеояд. Дар њалќаи дўстон будан барояшон руњияи тоза мебахшад. Аз он ки дардњои ноаён, ки гоњ-гоњ шуморо азият медињад, бепарво набошед. Асабњоятонро бењуда ва ба њар коре, ки анљом ёфтанаш дар гумон аст, хароб насозед. Њафтаи навинро бо мувафаќиятњои зиёд интизор шавед.

•• ќавс (23 ноябр- 21 декабр) Дар њафтаи нав ќавсњоро дигаргунї дар њаёт интизор аст. Акнун ваќти он расидааст, ки дар иљрои корњое, ки амалишавиашро дер боз интизор будед, бо эњтиёт бошед. Муносибататонро бо хешовандон мусатањак намоед. Бо кўдакон хуш муомила буданро фаромўш насозед. Охири њафта хабари хуш мешунавед.

•• љаддї (22 декабр- 20 январ) Њафтаи нав барои љаддињо хеле хуб меояд. Ба роњи душвори зиндагї нотарсона ќадам менињанд. Фањмишу иродаашон онњоро ба курсињои баландтар мебарорад. Аксари љаддињо ором табиатанд ва аз ин оромии онњо бештари дўстонашон истифода мебаранд. Њушёр шуданро низ фаромўш насозед.

•• давл (20 январ- 21 феврал)

Сўгворї Њайати эљодии њафтаномаи «Тољикистон» аз даргузашти профессор Худойназар Асозода андуњгин буда, ба пайвандону наздикони марњум њамдардї изњор мекунад.

Дар интихоби дўстдошта эњтиёткор бошед, зеро ситорањо баъзе нобаробарињоро дар њафтаи љорї пешгўйї кардаанд. Саломатиатонро эњтиё�� кунед. Муомилаи хубро бо атрофиён форамўш насозед, зеро њамеша бо дастгирии онњо ниёз пайдо мекунед.

•• њут (21 феврал - 20 март) Барои њутњо њафтаи хуш хабарњо ба шумо аст. Маќсади асосии онњо таъсири мусбат расонидан ба атрофиён мебошад. Барои ба даст овардани дороии зиёд кўшиш мекунанд. Орзуњои њавоию дастнорасатон дер њам бошад амалї мешавад. Сабрро пеша кунед.


хотирот

18 Тољикистон

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Хиёнати Сарфармондењ Афѓонњоро гирифтори Амрико карду СССР-ро барњам дод

Њафтаи сипаришуда аз хотима ёфтани љанги Иттињоди Шўравї дар Афѓонистон 25 сол сипарї шуд. Охирин сарбози Шўравї аз ин кишвар 15 феврали соли 1989 тањти фармондењии генерал Громов баромад. Дар ин љанг мардуми сермиллати Шўравї 15 њазор сарбозу афсари худро талаф доданд, ки дар байнашон намояндагони њамаи миллатњои ин кишвари фаношуда буданд. Аммо хисороти аз њама бештарро худи СССР, ки ќутби дуюми љањони дуќутбаи онзамона буд, дид. Бар асари бозсозии горбачёвї номи ин кишвар аз харитаи олам рўфта шуд ва ба љойи он 15 давлати соњибистиќлол арзи вуљуд карданд, ки дўстии аксари онњоро имрўз ба дўстии сагу пишак монанд кардан мумкин аст. Имрўз сабаби ин фаношавиро њар кас аз дидгоњи худ шарњ медињад. Аммо як чиз мусаллам ва бебањс аст, ки гунањгорони аслии ин фољиаи таърихї Михаил Горбачёв ва президенти аввалини Русия Борис Елсин буданд. Хиёнати аввалини Горбачёв, ки он ваќт аз рўйи вазифа Сарфармондењи Олии Артиши Шўравї ба њисоб мерафт, ин нисбати мардуми Афѓонистон ва сарбозони шўравии дар ин кишвар амалкунанда сурат гирифт. Тавре ки шоњидони њодисањои он солњо, мутахассисони баландрутбаи њарбї ва онњое, ки таи солњои охири њузури Шўравї дар Афѓонистон дар ин кишвар буданд, имрўз њам боварї доранд, ки ба ѓалабаи ќуввањои нав дар Афѓонистон ва хотима ёфтани љанг дар ин кишвар андак ваќти дигар монда буд. Нав сарбозону афсарони Шўравї ва афѓонњои содиќ ба њукумати марказї истифодаи тактикаи нави љангиро нисбат ба зархаридони покистонию арабї омўхта буданд ва ба душман зарбањои корої зада истода, ќумандонњои сањро-

ии муътадилро аз ќабили Ањмадшоњ Масъуд ба љониби худ майл пайдо кунонда истода буданд. Гувоњи ин гуфтањо он аст, ки то ин ваќт аллакай Ањмадшоњ ду маротиба бо шўравињо оташбас эълон карда буд. Аммо фармони Горбачёв зери фишори Амрикою Ѓарб дар бораи хориљ намудани контингенти мањдуди ќуввањои мусаллањи Шўравї аз Афѓонистон њамаро барбод дод. Аз љониби дигар, иќтисоди харобгардидаистодаи Иттињоди Шўравї низ ба ин мусоидат намуд. Акнун њамаи кардаю нокардаи «ќуввањои дўст» (ибораи афѓонњо дар њамон солњо нисбати ќуввањои Шўравї) барбод рафт ва ба љойи хотима ёфтани хунрезї дар ин кишвари азияткашида, он мувољењ ба хунрезињои беохир гардид, ки то имрўз идома дорад. Мо ин љо дар бораи дуруст ё нодуруст будани фармони хориљ шудани шўравињо аз Афѓонистон бањс намекунем, вале тавре ки русњо мегўянд, «љойи даркорї њељ гоњ холї намемонад» ва баъд аз андак муддат Амрико ва шариконаш бо бањонаи толибон ба Афѓонистон омаданд ва њоло онњо низ бо тайёрањои бесарнишини худ на танњо афѓонњо, балки покистонињоро њам кушта истодаанд. Тавре ки як генерали амрикої гуфтааст, «давлат барои он, ки ќуввањои худро

њамеша дар њолати омодабош нигоњ дорад, бояд дар ягон гўшаи олам ба љангњои хурд машѓул шавад». Яъне имрўз Ироќ, Афѓонистон, Фаластин, Сурия ва ѓайра барои амрикоиён ва шарикони онњо њамчун тамрингоњ (полигон) хизмат мекунад. Аммо Русия аз нодонию худхоњии беасоси роњбарони дирўзаю имрўзааш ду даст дар сўрохии бинї монд ва дар оянда бо чунин сиёсат ваљаб ба ваљаб мавќеи худро дар тамоми љањон аз даст медињад. Чоряк аср пеш ваќте ки сарбозони итоаткору сарсупурдаи Ватани онваќта бо бой додани 15 њазор аз дарёи Панљ ба ин тараф гузаштанд, њанўз њељ кас боварї надошт, ки пас аз чанде сарбозони як ротае, ки дар паси як сангар дар аѓбаи Соланг нишаста роњи корвони навбатиро аз Покистон мепоиданд, шањрвандони чанд кишвар мешаванд ва њатто мисли арманињою озарбойљонињо ва туркњои месхетию ўзбекњо зидди њамдигар тирандозї мекунанд. Ё агар аз кишварњои соњили Балтика бошанд, аввалин шуда русњоро чун таљовузкорон ном мебаранду ба онњо њуќуќи шањрванд шуданро дар давлати навбунёди худ намедињанд. Аммо њамаи ин нисбати он чї, ки ба сари тољикон омад, дарди бахайр буд. Бори аввал баъд аз Инќилоби Октябр дар Тољикистон хун

рехт. Хуни мардуми худї ва он њам аз љониби ягон аљнабї не, аз дасти худињо. Њарчанд ин фољиаи миллат низ бо дасти бегонагон дар ин сарзамини куњан рух дод, аммо бо айбу нодонии намояндагони худи њамин миллат буд ва имрўз њарчанд худро сафед мекунем, ки он љанги тањмилї буд, аммо набояд фаромўш кард, ки тухм дар замини серобу серѓизо мерўяд. Яъне, мо худамон ба чунин худкушї тайёр будаем. Чаро чунин «љанги тањмилї» дар кишварњои Прибалтика ва ё њамсояњои аз лињози фарњангию таљрибаи таърихї ба маротиб аз мо поёнтар рух надоду тухми коштаи низоъ њосилхез нашуд? То њол ба ин савол љавоб мељўем. Баргардем ба сари бозгашти аскарони вазифаи худро дар кишвари бегона адо намуда. Ваќте ки онњо бо маризињои љангу маризињои ќалб ба Ватан баргаштанду њар кадоме шањрванди кишвари нави худ шуд, таќдирашонро давлатдорони нав ба гунањои нав муайян намуданд. Дар кишварњои соњили Балтик онњоро њамчун сарбозони Шўравї (ба маънои сарбозони артиши таљовузкор) аз њама њуќуќњои љанговарї мањрум намуданд. Дар Русия то як муддат таваљљуњи хос ба ин љанговарон карда шуд ва бояд иќрор гардид, ки дар байни њамаи кишварњои собиќи Шўравї њоло њам аз

њама бештар дар ин кишвар љанговарони «афѓон» ва иштирокчиёни дигар муноќишањои њарбиро ќадр мекунанд. Аммо ин хизмати њукуматдорони ин кишвар не, балки анъанаи миллати рус аст, ки тўли таърихи чандќарнаи худ мавриди таљовузи дигар миллатњо ќарор гирифта, танњо тавассути ќувваи сарбозон ва саркардагони њарбии худ юѓи ѓуломиро напазируфтааст. Ин миллат њомиёни худро дар њама давру замон ќадр кардааст. Дар кишварњои Осиёи Марказї ва Ќафќоз ба љанговарони аз љанг баргаштаи «афѓон» вобаста ба сатњи молиёт ва назари шахсии роњбарони ин давлатњо муносибат мекарданду мекунанд. Масалан, дар Ўзбекистон ба ин тоифа имтиёзњои зиёде дода шудааст ва њукумат дар тарбияи насли нави љанговарони худ аз онњо њамчун намуна ба хубї истифода мекунад. Дар Украина њам њамчунин. Масалан, дар арафаи солгарди баровардани ќушунњои мањдуди Шўравї аз хоки Афѓонистон, танњо дар шањри Харкови ин кишвар ба 15 нафар љанговарони интернатсионалист бепул хона дода шуд. Арманистон ва Молдова низ имтиёзњои њанўз дар даврони Шўравї муќаррар намударо барои ин табаќа нигоњ доштааст. Дар Тољикистон чї? Оё љанговароне, ки дар љанги Афѓонистон яке аз наќшњои калидиро мебозиданду бо ин миллат њамдину њамзабонанд, њазорон нафарро дар тўли ин љанги ќариб дањсола аз марги яќин нигоњ доштаанд, оё бо њамяроќони худ аз дигар кишварњо баробаранд ва зиндагии шоиста доранд? Ба ин савол ва чанд саволи дигар дар ин мавзуъ ва њамчунин таќдири имрўзаи љанговарони дирўзаи тољик аз шумораи навбатии «Тољикистон» љавоб пайдо хоњед кард. А. АЊМАДЗОДА, иштирокчии љанги Афѓонистон, дорандаи ордени «Ситораи Сурх», майори мустафъии Армияи Шўравї

Раис корро аз тозагї оѓоз кард

Раиси тозатаини ноњияи Файзобод Имомназар Мирзоев рўзи аввали ба фаъолияти корї шурўъ кардан, рафти тозагии маркази ноњияро дидан кард. Ѓарам-ѓарам партовњо, ки солњои тўлонї љамъ шуда, њусни ноњияро доѓдор мекард. Ба љамоати шањрак, шуъбаи муњофизати муњити зист дух-

турони санитарї-эпидимологї, хољагии манзилии коммуналї супориши ќатъї дод, ки дар давоми ду рўз маркази ноњия аз партовњо тоза карда шавад. Дар як муддати кўтоњ супориши раис иљро гардида, маркази ноњия аз њар гуна партовњо тоза карда шуд. Раис Имомназар Мирзоев дар идорањои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї,

љамоатњои шањраку дењот интизоми намунавии корї љорї кард. Айни замон дар маркази ноњия сохтмони терминали нав, сехи ќаннодї бо суръат љараён дорад, ки дар сурати мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанашон, беш аз 100 нафар сокинони ноњия соњиби љойи кор мешаванд. Њокими Сафар, н. Файзобод


№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

таблиѓ

Тољикистон 21


22 Тољикистон Таъсири хлеби сафед ба ќувваи босира

канзи шифо

Хосияти анор

ба саломатии инсон чї фоида дорад? Хунам ѓафс асту фишорбаландї азобам медињад. Анор барои тунук кардани хун муфид аст. Дар баробари донакаш, пўст ва пардаи байни онро низ дар беморињои гуногун фоидаовар мегўянд. Мехостам дар бораи хосияти шифобахшии анор маълумот пайдо кунам.

Духтурони соња сабаберо ёфтанд, ки он барои даст кашидан аз истеъмоли хлеби сафед мусоидат мекунад. Олимон исбот карданд, ки мањсулоти карбогидраташ зиёд якбора миќдори ќандро дар хун зиёд намуда, масъалањои вобаста ба ќувваи босираро ба вуљуд меорад. Олимони амрикої ин гуфтаро тасдиќ намуда, чунин андеша доранд, ки ба ин гурўњ бештар нафарони аз 50 сола боло дохил мешаванд. Ѓизоњои фоиданок ин сабзавот, моњї, тухм мебошанд, ки ќувваи босираро хуб нигоњ медорад. Майзадагї, нос ва сигоркашї то 20-25дарсад сабаби бармањал нобино гаштани шахс мегардад.

Истеъмоли йогурд аз диабети ќанд муњофизат мекунад Дар натиљаи тањќиќи олимон аз донишгоњи Кемберљ истеъмоли пайдарњамии йогурт гирифторони бемории диабети ќандро коњиш медињад. Истеъмоли мањсулоти камравѓан ва туршмаза аз љумла творог сафи онро кам мекунад. Агар дар як њафта 125 гм йогурт истифода намоем, инкишофи он то 28 дарсад коњиш меёбад. Сабаби асосии гирифтор шудан ба бемории диабети ќанд хўрдани ѓизои серравѓан, камњаракатї, тарзи нодуруст хўрдани ѓизо мебошад. Њар ќадар истеъмоли ѓизои ширї ба огранизм таъсири мусбї дошта, барои пешгирии тамоми беморињои гуногун мусоидат мекунад. Олимон тавсия медињанд, ки истеъмоли йогурт барои тамоми организм фоидаи зиёд дошта, барои рўдањо низ таъсири мусбат дорад.

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Абдуњаким Холов, Анор барои шахси бемор басо манфиатовар аст. Бештари одамон њангоми ба аёдати бемор рафтан њамчун савѓотї анор мебаранд. Шояд ќисме аз онњо ба кадом маќсад бурданашонро намедонанд, вале бурдани анор ба бемор ба анъана табдил ёфтааст. Дар таркиби анор миќдори гемоглабин зиёд буда, барои љарроњишудагон хеле муфид аст. Анор муъљизаест, ки барои фарању хушї ва саломатии инсон офарида шудааст, На танњо мева, балки дона, пўст ва пардањои байни он давои дардњост. Ба як ќошуќ пўсти куфташудаи анор як истакон оби љўш рехта, 5 даќиќа љўшонида, 2 соат дар хунукї нигоњ доред.

Доруи тайёршудаатонро њар рўз пеш аз таъом як ќошуќї нўшед. Барои гирифторони бемории стаматит, аллергия, илтињоби љигар ва гурдањо, дарди банду буѓумњо ва зањролудшавї нафъи зиёд дорад. Як ќошуќ пўсти анор, 1,5 ќошуќ пўсти дарахти бед ва 0,5 ќошуќ пўсти дарахти булутро омехта карда, як ќошуќашро ба як истакон оби љўш андозед. Пас аз хунук шудан, рўзе чор бор пеш аз хўрок истеъмол кунед. Ин даво дармонбахши бемории зуком мебошад Хокаи кўфтаи пўсти анор барои давои захмњо бењамтост. Истеъмоли мунтазами тух-

ми анор фишори хунро паст мекунад. Агар дандонатон дард кунад, тухми анорро бо асал якљоя истеъмол кунед. Хокаи тухми анорро барои табобати зардпарвин, дилтапак, дарди ќафаси сина ва иштињо надоштан истифода мебаранд. Дар таркиби пўст ва решаи нињоли анор моддањое мављуданд, ки кирми меъдаро нест мекунад. 8-дона анорро гирифта, донањояшро наѓз хушк карда, орд карда, як ќошуќї дар як истакон оби афлесун омехта, 3-4 маротибагї истеъмол кардан

зарур аст. Тухми анор, ки равѓан дорад аз љињати њормонї фаъол буда, дарди сар, фишори баланди хун ва ѓазабнокиро бартараф мекунад. Анор ба андозаи 60 дарсади мевааш об људо мекунад, ки миќдори зиёди витаминњо дар он дида мешавад. Аз ин хотир табибон ба шахсони лоѓар, камхун, фаромўшхотир, диќќи нафас, гирифтори беморињои сироятї онро тавсия медињанд. Нўшобаи анори ширин барои барќарор кардани саломатии пас аз беморињои вазинини љарроњї, дарди меъдаву рўда манфиатовар аст. Барои шахсоне, ки дар талхадон, пешобдон, гурда санг доранд, 5-6 маротиба 20 даќиќа пеш аз хўрок ду ќошуќї нўшидани нўшобаи анор њар рўз муњим аст. Муњлати табобат ду њафта буда, пас аз як њафтаи дамгирї, табобатро такроран идома додан лозим. Љойњои сўхтаи баданро бо нўшобаи анор табобат кардан мумкин аст. Нўшобаро бо об (1:10) ба рўйи сўхта мерезанд, пас аз он пўсти ордкардашудаи анорро мепошанд захм ба зудї шифо меёбад.

Сурхакон (корь) чї хусусият дорад?

Ду духтарам сурхакон бароваранд. Кўшиш кардам, ки дигар фарзандонам набароранд. Њар чанд нигоњубини хуб карда бошам њам, як фарзандам сироят ёфт. Барои њамин мехостам фањмам, ки чи зарар дорад ва гуна пешгири намудан лозим аст, ки сироят наёбанд. Лола Шамсиддинова, сокини ш. Душанбе Сурхакон, ки дар байни мардум бо номи умумии гул ё ќизилча ёд мешавад, яке аз беморињои шадиди сироятии вирусї буда, кўдак табу тафс мекунад. Зарарёбии роњњои болои нафаскашї ба миён омада, дар љисми бемор дар шакли садбарги пайса-пайса пайњои сурхча пайдо мешаванд. Аз ќадимулайём ин беморї маъмул буда, бо номњои гуногун –морбила, гул, ќизилча ёд мешавад. Барангезандањои беморї вирусњое мебошанд, ки ба муњити беруна чандон тобовар нестанд ва нисбати антибиотикњо њассосанд. Яъне ба дору тоб надоранд. Вирусњои ин беморї бо

оби дањон ва шамол интиќол меёбанд. Манбаи сироят шахси бемор мебошад. Вирусњои сурхакон тариќи пардањои луобї ва организм ворид шуда, ба воситаи хун ба тамоми бофтањо пањн мешавад. Дар њама намуди сурхакон пўст пардањои луобии дањон ва чашм зарар меёбанд. Аз 7 то 17 рўз давраи номаълумии беморї давоми меёбад. Одатан 9-11 рўз аст ин давра. Њарорати баланди бадан, сулфаи хушк, обравї аз чашмон, рўшноитарсї, кушодашавии рагњои хунгарди чашмон шахси беморро азият медињад. Дар мариз чашмони сурхшуда, рўйи варами сурх, мисли он ки нав гиря карда бошад, овози гирифта калоншавии гирењњои лимфотикии гардан (ѓадудњо) падид меояд, ки шањодат аз рўзњои аввали беморист. Халќ сурх шуда, баъди якду рўз дар пардањои луобии дањон ва лабњо доѓњо пайдо мешаванд, ки аз 2 то 5 рўз боќї мемонад. Давраи пайдоиши бусуротњо (гулњои бадан) ба рўзњои чорум ва панљуми беморї рост меояд. Онњо 3-4 рўз

дар рўйи пўст истода, баъд гум мешаванд. Сурхакони беориза (без осложнение) 7-8 рўз давом мекунад. Дар намуди сурхакони камфаъол миќдори ками босуротњо (гулњо) ба чашм мерасанд. Оризаи бемории сурхакон хатарнок буда, бо варам кардани шуш (пневмания), хафа шудани нафас, нољурии узвњои кос, аз дигар дардњо фарќ мекунад. Новобаста аз оризанок будан ва набудани сурхча, кўдакони то як сола бояд дар шароити беморхона муолиља карда шаванд. Њар рўз ду-се маротиба ба чашмони бемор мањлули 15-20 фоизаи албутсид бояд чаконда шавад. Обгардон намудани дањону њалќ ба мањлули сода, фуратсилин ва мањлули намакдор низ муњим мебошад. Новобаста аз намудњои ин беморї, ба беморон асиди оскарбин (300-500 гм) ва витамини А таъйин карда мешавад. Пас аз пайдошавии оризањо (осложнение) антибиотикњо таъйин карда мешаванд. Барои пешгирї аз ин беморї зарур аст, ки ба кўдакони то як сола ваксинаи зинда сари ваќт гуза-

ронида шавад. Ба шахсоне, ки бо беморон сару кор доранд, 3,0 мл иммуноглабулин гузаронидану ба муддати 17 рўз барои бемор карантин таъйин кардан низ боиси пешгирии пањншавии ин беморї мегардад. Бемории сурхчаро аз рўйи далелњои клиникї ташхис мегузаронанд. Масалан дар бемор рўшноитарсї, доѓњо, зукоми роњњои болои нафас, давра ба давра пањншавии бусуротњо (гулњо) аз ба поён дида мешавад. Яъне гул аввал дар сару рўй пайдо шуда, баъд ба бадан пањн мегардад. Бемор бояд дар хонаи нимторик нигоњ дошта шавад. Шустани чашмони бемор рўзе 3-4 маротиба бо мањлули 1-2 фоизаи содда ва баъд аз пайдошави ќалахшакњо дар давоми рўз се-чор бор ба чашмон равѓан молидан лозим аст. Кўдакони хурдсоли ба бемории сурхакон гирифторшуда набояд дар њолати бистарї зиёд нигоњ дошта шаванд, зеро хавфи гирифторшавии варами шуш аз манъшавии варами шуш аз манъшавии хун ба кўдаки бемор тањдид мекунад.

Масъули сањифа Масъули Мањина сањифаДавлатова. Иззатбек Идиев. Мо интизори Мо интизори маводмавод ва пешнињодоти ва пешнињодоти шумоем! шумоем! E-mail: E-mail: mahina@pressa.tj izzatbek@pressa.tj • Шуъбаи • Шўъбаи реклама: реклама: saodat@pressa.tj saodat@pressa.tj • Тел: • Тел: (44)(44) 601-35-95 601-35-95


варзиш

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Тољикистон 23

Њабибуллоев сармураббии «Регар» нашудааст

Фузайлов

аз «Локомотив» рафт Собиќ муњофизатгари дастаи «Помир»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби футболи Тољикистон Њаким Фузайлов аз вазифаи сармураббии клуби «Локомотив»-и Тошканд (Ўзбекистон) барканор шуд. Роњбарияти дастаи «Локомотив», барандаи љоизаи нуќраи мусобиќаи ќањрамонии Ўзбакистон дар соли 2013, баъди он ки дар бозии плей-оффи Лигаи чемпионњои AFC дар майдони худ аз дастаи «Кувайт»-и Кувайт бо њисоби 1-3 шикаст хўрд ва ба даври баъдї баромада натавонист, ќарордодашро бо мутахассиси 49-солаи тољик бекор кард. Ба љойи Фузайлов собиќ сармураббии дастаи мунтахаби Ўзбекистон Вадим Абрамов сармураббии «Локомотив» таъин шуд. Баъди аз вазифа сабукдўш шудани Фузайлов аз эњтимол

дур нест, ки ёвари ў дар дастаи “Локомотив” собиќ њуљумкунандаи «Помир» Вазген Манасян низ аз вазифаи мураббии калони ин даста барканор хоњад шуд. Њаким Фузайлов 12 –уми августи соли 1964 дар шањри Ќўрѓонтеппаи Тољикистон ба дунё омадааст. Вай аввал дар дастаи «Пахтакор»-и Ќўрѓонтеппа бозї мекард. Аз соли 1986 то 1992 дар дастаи «Помир»-и Душанбе њунарнамої кардааст. Соли 1992 ба «Локомотив»-и Маскав гузашта, дар њайати ин даста соли 1994 бо медали биринљии чемпионати Русия мукофотонида шудааст. Њаким Фузайлов, инчунин, дар дастањои «Арсенал» (Тула), «Металлург» (Красноярск) ва «Дўстлик» (Ўзбекистон) бозї кардааст. Ў дар њайати дастаи мунтахаби Тољикистон шаш бозї анљом додаст. Њаким Фузайлов охирњои

солњои 90-уми ба кори мураббигї гузашта, аввал дастаи «Бухоро»-и Бухоро, баъд «Динамо»-и Самарќандро машќ додаст. Соли 2003 сармураббии «Андиљон»-и Андиљон, як сол баъд мураббии дастаи «Титан»-и Подмоскове, аз соли 2005 «Локомотив»-и Калуга буд. Аз соли 2005 то декабри 2011 дар вазифаи мураббї-селексионери клуби футболи «Ростов»-и Ростови соњили Дон ва «Локомотив»-и Маскав фаъолият дошт. Моњи январи соли 2012 ноиби президенти бошгоњи «Локомотив»-и Тошканд, аз моњи майи њамон сол ба ситоди мураббиёни даста шомил шуд ва баъдан сармураббї таъин гардид. Бо роњбарии Њаким Фузайлов дастаи “Локомотив” соли гузашта дар чемпионати Ўзбекистон љойи дуюмро гирифт.

Тољикистон 3 зина боло рафт

Дастаи мунтахаби Тољикистон оид ба футбол дар рейтинги FIFA дар зинаи 110 ќарор гирифт. Шогирдони Муњсин Муњаммадиев бе гузаронидани вохўрї дар чанд моњи охир аз моњ ба моњ мавќеи худро дар рейтинги байни дастањои миллии кишварњои љањон бењтар мекунанд. Дар рейтинги февралии FIFA дастаи мунтахаби Тољикистон бо касби 285 хол 3 зина боло рафта, љойи 110-умро гирифт ва акнун дар байни 47 дастаи Осиё дар маќоми 16-ум аст. Тољикистон дар байни дастаи ИДМ аз Латвия, Ќазоќистон, Туркманистон ва Ќирѓизистон дар пеш буда, зинаи 11-умро соњиб аст. Дар байни ин дастањо Украина дар љойи аввал аст, ки дар рейтинги љањонї

маќоми 18-умро касб кардааст. Ба сегонаи пурќуввати ИДМ Русия (дар рейтинг 22) ва Арманистон (30) шомиланд. Дар байни дастањои аъзои AFC Тољикистон дар байни 46 кишвар дар љойи 14-ум аст. Пешсаф њанўз њам дастаи Эрон (рейтинги љањонї – 38) аст. Љопон дуюм (50) ва Австралия сеюм (53) мебошанд. Пешсафони рейтинг чун пештар Испания, Германия ва Аргентина њастанд. Дар ин байн Португалия ба љойи чорум баромад. Рейтинги FIFA (13 феврали соли 2014):

1 (1). Испания — 1506 хол 2 (2). Германия — 1314 3 (3). Аргентина — 1255 4 (5). Португалия — 1219 5 (4). Колумбия — 1211 6 (8). Швейсария — 1159 7 (6). Уругвай — 1157 8 (7). Италия — 1135 9 (10). Бразилия — 1125 10 (9). Нидерландия — 1122 18 (18). Украина — 917 22 (22). Русия — 862 30 (38). Арманистон — 771 57 (65). Ўзбекистон — 569 82 (83). Белорус — 423 91 (93). Эстония — 373 93 (94). Озарбойљон — 372 102 (103). Литва — 326 103 (102). Гурљистон — 325 107 (96). Молдова — 305 110 (113). Тољикистон — 285 111 (116). Латвия — 282 128 (128).Ќазоќистон — 214 129 (133). Туркманистон — 203 148 (146). Ќирѓизистон — 155...

Раиси клуби футболи «Регар-ТадАЗ» Шариф Назаров хабари сармураббии дастаи шањри Турсунзода таъин шудани Мањмадљон Њабибуллоевро рад кардааст. Ба гуфти Назаров ба ин вазифа расман Алишер Њаќбердиев, ки пештар мураббии калони даста буд, таъин шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар шумораи гузашта дар такя ба маълумоти сайти ФФТ ва ќавли худи мураббї хабар дода будем, ки Мањмадљон Њабибуллоев ба вазифаи сармураббии дастаи «Регар» баргашт, аммо ин хабар тасдиќи худро наёфт. Дурустараш дар клуб чї таѓйироте ба амал омад, ки роњбарият ба ин ќарор омаданд. Дар сайти расмии даста гуфта мешавад, ки аз сабаби буњрони молии љањонї сарпарасти даста дар ин рўзњо мушкил дорад. «Бо њамин сабаб ва ба охир расидани шартномаи футболбозон, ќарори ќатъї дар бораи сармураббии даста дар мавсими нав бароварда нашуда буд. Барои он ки ваќт бењуда сарф нашавад, собиќ сармураббии даста Мањмадљон Њабибуллоев њамроњ бо Алишер Њаќбердиев футболбозони мањаллиро љамъ овард ва мустаќилона ба машќу омодагї шуруъ карданд», - гуфта мешавад дар сайти даста вобаста рўшанї андохтан ба баргаштани Њабибуллоев. Шариф Назаров дар љаласаи клуб аз вазъи нохуби ТАЛКО хабар дода, ба њамкоронаш гуфтааст, ки аз сабаби пардохт нашудани музди мењнат натавонистанд, ки бо Наљмиддин Толибов, Амоншо Содатсайров, футболбозон Хуршед Мањмудов, Комил Саидов, Ањтам Њамроќулов ва дигарон дурусту њисобї хайрухуш кунанд. Мудири бахши варзиши клуб Шавкат Солењбоев хабар

додааст, ки вобаста ба нобарорї дар даври якуми мавсими гузашта аз номи раис ва роњбарияти клуб ба сарпарасти даста нома навишта хоњиши ба истеъфо рафтани њайатро кардаанд, аммо ин аз љониби роњбарияти ТАЛКО ќабул нашудааст. «Дар ин сол ќарор карда шуд, ки ба даста љавонони мањаллиро љалб кунем. Дубл дар мавсими гузашта бо муваффаќият баромад карда, љойи аввалро гирифт ва футболбозони ин њайат метавонанд, ки дар њайати асосї бозї кунанд. Ба њар њол мо бояд инро дарк кунем, ки шояд дар оянда низ мушкили молї боќї монад, аз ин рў футболбозон бояд аз њозир ба хулосаи даркорї оянд», - гуфааст Солењбоев. Дар ин љаласа худи футболбозон њам баромад карда, арз кардаанд, ки ба њар мушкилї тоб оварда, дар њайати дастаи худашон баромад хоњанд кард. Онњо ба сармураббии нав боварї изњор карда, ќавл додаанд, ки бомуваффаќият бозї ва шарафи дастаро њимоя хоњанд кард. Собиќ сармураббии даста Мањмадљон Њабибуллоев низ дар ин љаласа сухан карда, њамраъйи худро ба таъин шудани Алшер Њаќбердиев дар ин вазифа изњор кардааст. Капитани даста собиќадори клуб Фаррух Чориев интихоб шудааст. Њоло, мувофиќи базъе аз хабарњо аз ин клуб, 40 нафар аз футболбозони пешинаю њайати дуюм аз ташхиси тиббї гузаштаанд, ки њамагї 9 нафар аз њайати соли гузаштаанд. Боз 7 бозигари дигар аз дастпарварони худи клуб дар санљиши даста ќарор доранд. Њамин тавр, таъин Њабибуллоев ба ин вазифа расман тасдиќ нашуд ва ў чун пештар бояд дар як вазифа кор ва дастаи мунтахаби љавонони Тољикистонро ба мусобиќањои байналхалќї омода кунад.

Лигаи чемпионњои Аврупо оѓоз шуд Аз 18-уми феврал, баъди танаффуси зимистонї Лигаи чемпионњои Аврупо дубора оѓоз шуд. Ду вохўрии аввали ин мусобиќа диданї ва хотирмон буд. Дар бозии байни дастањои «Манчестер Сити» (Англия) ва «Барселона» (Испания) мењмонон ѓолиб омаданд. Њисобро дар даќиќаи 54-ум Мессї кушод. Лионел, баъди он ки Демиклис барои хатої аз

майдон ронда шуд, аз зарбаи ёздањметра гол зад. Дар охири вохўрї Данї Алвеш њисоби «Барселона» ва мушкилии «МанСити»-ро дар бози љавобї афзун кард. Вохўрии байни дастањои «Байер» (Германия) ва ПСЖ (Фаронса) бо шикасти пурраи немисњо анљом ёфт – 0:4. Бо чунин њисоб ПСЖ масъалаи баромадан ба чорякфинали Лигаи чемпионњои Аврупоро амалан њал кард.

Масъули сањифа Шўњрат Давлатшоев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: shuhrat@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


фароѓат

24 Тољикистон

Агар...

…худсариву саркашї намекард, аз касу нокас лаѓад намехўрд. *** …ба мазмуни маќоли «Кўр асояшро як бор гум мекунад» дуруст сарфањм мерафт, се бор хонадомод намешуд. *** …хушмуомилагї ба инсон болу пар бахшад, барои чї одамон дар осмони њафтум парвоз намекунанд? *** …њамсояашро бўсаборон намекард, бесарабон намемонд. *** …бењбудии халќу Ватанро мехост, маќоли «Аввал хешу баъд дарвеш»-ро шиор намекард. *** …адолат мебуд, доноён саргардон намешуданд. *** …дороиашро ба шиносу ношинос таъриф намекард, душманаш зиёд намешуд. *** …забони бадро љарроњї мекарданд, аз бадзабонон ному нишон намемонд. *** …дар ваќти кор пинак на-

мерафт, ба фалокат дучор намешуд. *** …зан зару зевар намегуфт, шавњараш дар мањбас наменишаст. *** …чашмгурусна намебуд, бори вазнини дуздиро бардошта миёнашро намешикаст. *** …дуздону ѓоратгарон намебуданд, ќулф њам лозим набуд. *** …бо љаласањо кор пеш мерафт, мо кайњо пешќадам мешудем. *** …нобаробарињо намебуд, дар ќабристон ќабрњо аз якдигар фарќ намекарданд. *** … њасадхўрї намекард, аз овозу биної ва пою даст мањрум намешуд. *** … даст дастро мешўяд намегуфтанд, ришвахўр пайдо намешуд. *** …баробариву адолат мебуд, кулбаи бенаво дўзаху ќасри доро бињишт намешуд.

Дарди мањал

№ 8 (1050) 20 феврали соли 2014

Хандеду забон биомўзед! Як латифа бо ду забон

Гарчї набошад боњунар, Лекин вай аз пушти падар Дорандаи курсї шуда, Як дузди нотарсе шуда! Ўро насиб айшу тараб, Дар кайф бошад рўзу шаб. Гўяд: «Тавоное манам, Боаќлу доное манам». Фармони нав имзо кунад, Сад наѓмаи бељо кунад. Аз љўраву хешу табор Оварда гирдаш бешумор. Садњо нафар аз як мањал, Карданд њай љањду љадал! Карданд гарчандаш нињон, Дарди мањалчї шуд аён. Акнун бигўяд хосу ом: «Шуд зиндагонї бенизом».

С.Њалимзода

ќаллоб Шавад њар марди бозор Ба доми ў гирифтор, Гирифта моли дењќон Аз будаш хеле арзон, Гўяд, ки «Ай додарљон, Ба ту кай бувад осон? Дар фурўши ин молат Меравї ту аз њолат». Пулаш зиёд дар њамён, Фиреби мардум осон! Тољир не, ў ќаллоб аст, Мардум аз ў ќимоб аст!

Муродалї СОБИР

Меросхўри бисёр Аз Афандї пурсиданд: — Таќсирам, ќозиро њама занбоз мегуфтанд, ин гап рост аст ё дурўѓ? — Рост! --гуфт Афандї бо нафрат. — Далел доред? — Агар рост намебуд, - гуфт Афандї, - баъди гўрондани ќозї дар хонааш љанљоли занони меросхўр барнамехост. Many heirs Once people asked Afandi, «Sir, everybody used to call the Kazi a depraver. Is it really true?» «Yes, it’s quite true», Afandi answered disgustedly. «How can you prove it?» «If it were not true there wouldn’t have been so many heirs quarrelling in the Kazi’s house after his funeral», answered Afandi.

Кундфањм бошад… Дар истгоњ љавоне ба рафиќаш шикоят кард: — Ин китобро панљ бор хондаму чизе нафањмидам. — Шояд бодиќќат нахонда бошї?- пурсид дигаре. — Надонам. — Боз мехонї? Афандї, ки гапи онњоро мешунид, гуфт: — Бењуда. Кундфањм бошад, сад бор хонад њам чизе намефањмад!

Boneheaded A young man complained to his friend at the bus stop, «I read this book five times but I couldn’t understand anything». «Were you attentive while reading?» asked his friend. «I don’t know». Afandi who heard their conversation said, «You can take a horse to a drinking place but you cannot make it drink water. When a person is boneheaded, he can read a book a hundred times and will not understand anything».

Чоплусї — Таќсир, магар найрангбозию чоплусї айб нест? – пурсиданд аз Афандї. — Айби калон аст, - гуфт ў худро нороњат њис карда. — Айб бошад, барои чї пеши ин разолатро намегиранд? Афандї бо ѓазаб гуфт: — Об аз боло лой аст!

Боду њаво

Roguery пш

20

Феврал

0°..+5°

чм

21

шб

22

Феврал

Феврал

0°..+6°

+1°..+6°

яш

23

Феврал

дш

24

Феврал

+1..+5° +4°..+4°

СШ

25

чш

26

Феврал

Феврал

+1°..+3°

0°..+3°

One day Afandi was asked, «Aren’t roguery and deceit consid- ered to be a sin?» «It is a great sin», he answered felling awkward. «If so, then why aren’t roguish and crafty people warned beforehand?» Afandi answered angrily, «Filth never sinks». Сафо њалимї


Точикистон №8 2014