Page 1

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ

Соли 2018, ш. Душанбе


Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ Мутобиқи Қоида ва принсипҳои иштирок дар Эътилоф бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст: • мусоидат кардан ба таъсис додани системаи эътинои самаранок ба арзу шикоятҳо оид ба ҳолатҳои шиканҷа • таъмини бехатарии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва шоҳидон • таъсис додани механизмҳои мустақили тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон


Ҳайати Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ)

• • • • • • • •

ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»; ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»; ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»; ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»; ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»; ФҶ «Нотабене», ТҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Шарикони Эътилоф (Аскар Турсунов, Умед Ниёзов, Абдурахмон Шарипов)

Мақоми доимоамалкунанда – Котиботи ГЁҲ, ки аз Ҳамоҳангсоз, се мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа дар шаҳри Душанбе ва НТҶ, дар вилояти Суғд, дар вилояти Хатлон (бо фарогирии парвандаҳои ВМКБ) ва машваратчии ГЁҲ иборат мебошад.


Вазифаҳои асосӣ a. муайян кардани миқёси паҳншавии шиканҷа ва муносибати бераҳмона; b. муайян кардани расмиёт ва механизмҳои ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пешниҳод намудани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо, ибтикор ва бурдани мурофиаҳои судии стратегӣ; c. ҳамоҳангсозии фаъолият вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо; d. таҳияи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ бо адвокатони аҳли амал вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо; e. ҳамоҳангсозии корҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба пешбарӣ намудани таъсиси механизмҳои самараноки эътино ва таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа.


Фаъолияти мо дар соли 2017  66 муроҷиатҳои шаҳрвандон бо шикоятҳо ба эҳтимолияти шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.  Фаъолият оид ба дастрасии қурбониҳои шиканҷа ба кӯмаки ҳуқуқии саривақтӣ ва хизматрасониҳои офиятӣ ҳамоҳанг карда шуд.  Гузаронидани зиёда аз 25 вохӯриҳои машваратӣ бо адвокатҳо, ташкилотҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ, бо намояндагони қабулгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд, Рашт ва Турсунзода, намояндагони ВАО, Бюрои ҳуқуқи инсон дар Суғд, Хатлон, Душанбе ва НТМ.  3 семинари ахборотӣ барои кормандони ШВКД-и ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Мурғоби ВМКБ гузаронида шуд.


Фаъолияти мо дар семоҳаи соли 2018  Зиёда аз 70 адвокатҳои таҷрибадори кишвар дар рафти 3 тренингҳо дар Суғд, дар Хатлон, бо ҷалби адвокат аз ВМКБ, дар Душанбе, бо ҷалби адвокатҳо аз НТМ, аз рӯи масалаҳои стандартҳои байналмилалӣ ва миллии муқовимати шиканҷа ва стандартҳои Протоколи истамбулӣ омӯзонида шуд.  Маҷмӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф бо забони тоҷикӣ дар шумораи 500 нусха таҷдид ва нашр карда шуда, паҳн шуд. • Вохӯрии кории экспертҳои байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» ва роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳо ва як қатор адвокатҳои Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Дар вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои тибби судӣ ва имкониятҳои ҳуҷҷатгузории тиббӣ мутобиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ мастер-класс дода шуд.


Телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд Дар минтақаҳои вилояти Хатлон - 98 787 66 66 Дар вилояти Суғд - 98 787 33 33 Дар НТҶ ва шаҳри Душанбе - 98 708 76 76 Торнамои Эътилоф notorture.tj

Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ  
Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ  
Advertisement