Page 1

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 30 (030), ЧОРШАНБЕ 25 декабри соли 2013

«УМЕД-88» БРЕНДИ ТИЛЛОЇ Рўзгори забон

ЗАБОНИ «ШОЊНОМА» Меъёри забони адабии мо бояд њамон забони ноби классикї бошад. Ин як падидаи наљиб аст, ки њазор сол мегузарад ва баъд аз њазор сол сурудањои шоирро талабаи синфи якуму дуюм хонда, маънояшро мефањмад. Дар дунё ин гуна забонњо набудааст...

10

www.ruzgor.tj ruzgor@hotmail.com

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

ТОЛИБОН НА РАББОНЇ ДОРАНД, НА...

3

ЊУНАРИ МАЊМУД ВОЊИД

МАРО БА САЊНА ОВАРД

ДАЊ ВАРЗИШГАРИ БЕЊТАРИНИ СОЛИ 2013

6

Ташвиши рўзгор

«ГУФТУГЎИ ТАМАДДУНЊО» Дар ин мањфил атрофи суханронињои Мањмадалї Њаит бањсу мунозирањои зиёде сурат гирифт. Бархе аз иштироккунандагони ин њамоиш баъзе аз нуктањои ибрознамудаи Мањмадалї Њаитро зери шубња ќарор доданд...

сањ.9

сањ.4

Шеъри рўзгори мо

АРМУЃОНИ ЊАМЕШАБАЊОР Рањмиддин ШОЊЗОДА бори чањо-рум аст, ки на дар ситоиши зан, балки дар танќиди занон шеър мегўяд. Дар як шеъраш занро њатто ба мор ташбењ додааст. Шабнами ГУЛМАЊТОБ бошад, мардњоро танќид кард. Оќибаташ ба хайр шавад!

сањ.14

Озмуни рўзгор

Њисоби рўзгор

ДАРСИ ДАСТХАТШИНОСЇ

МАТЕМАТИКА ВА РЎЗГОР

Устод Ришард Фишер соли дуввум аст, ки ба шањри Душанбе ташриф оварда, таљрибаи солњои зиёд андўхтаи худро ба аспирантон, олимони љавон ва мутахассисони дастгоњњои марбута меомўзанд.

Бозор Собир, ки дар оилаи математикњо ба воя расидааст, дар шеърњояш на танњо амиќияту даќиќияти образњои лирикї, балки гармонияи аљиб, (гармония низ мафњуми математикист), мантиќи рушану фањмо дида мешавад...

сањ.6

сањ.7

Аз рўзгори орифон

ИМОМ ШОМИЛ

-Агар дар хотир дошта бошед, як ваќт Петросян ба Душанбе омада буд. Ман дар он консерт иштирок доштам. Кор то ба он дараља расид, ки Петросян ба мардум мегуфт, ки: "Мардум, ман чизи хандаовар гуфтам, шумо хандетон!" Лекин ин бечорањо аз хандидан метарсанд. Фикр мекарданд, ки агар њозир ман хандам, фалонї рафта ба дигаре мегўяд, ки њамон мардак чизи сиёсї гуфту ин хандид. Бинобар ин њама мардум хомўш гўш карда шиштанд. Ана дараљаи тарси мо то чї њад аст? ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

Як шаб, ќарибии бомдод, њангоме ки Шомилро сахт хоб бурда буд, дар хонааш садои тараќќотуруќу гулдуррос баланд шуд. Имом аз љояш љаста ба атроф нигарист. Дид, ки дарро бо табар зада, майдамайда карда, ѓурросзанону лаънатхонон ба сараш одами њайвонбашараи девсимое њамла меоварад.

www.ruzgor.tj сањ.12


2

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Ифтитоњи Марказе, ки шояд таќаллуб ва фасод дар маорифро коњиш дињад

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат рўзи 20 декабр дар шањри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестї" (ММТ) ифтитоњ ёфт. Эмомалї Рањмон бо кори ММТ бевосита шинос шуда, бо роњбарияти Вазорати маориф ва илм ва ректорњои муассисањои тањсилоти олии кишвар мулоќот намуд ва масоили мубориза бо фасод ва дигар амалњои номатлубро дар ин соња мавриди баррасї ќарор дод.

Тавре зикр гардид, ин бинои сеошёна, ки аз ду ќисмат иборат аст, бо харљи беш аз 8 миллиону 300 њазор сомонї маблаѓњои грантии Бонки љањонї бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таљњизоти зарурї муљањњаз гардидааст. Њадафи асосї аз таъсиси Маркази миллии тестї бо идораи марказї ва шуъбањои минтаќавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роњ мондани имтињонњои дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олии касбї аст. Барои расидан ба ин њадаф ва иљрои босифати вазифањои дар назди ин муассиса гузошташуда бинои марказї ва бахшњои минтаќавии он бо навтарин техникаю таљњизот муљањњаз карда шудаанд. Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтаќавї (дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа ва Хоруѓ) иборат аст. Аз соли 2014 сар карда, имтињонњои дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон ба таври мутамарказ дар шуъбањои минтаќавии ММТ тестї бо истифода аз навтарин техникаю таљњизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роњ монда мешавад. Низоми нави имтињонсупорї тавре тањия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва таќаллуб аз миён бардошта шудааст. Љараёни имтињонсупорї, санљиши натиљањо, љамъбаст ва бањогузорї аз љониби барномањои компютерї бе дахолати инсон анљом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар вараќањои имтињонї ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба љойи ному насаб танњо штрихкод навишта мешавад ва ба кї тааллуќ доштани вараќаи имтињонї танњо пас аз бањогузорї ошкор карда мешавад. Бино ба иттилои манбаъ тибќи ќоидањои низоми нав њар як довталаб њангоми аз ќайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба њам наздик ё 10 ихтисоси соњањои ба њам наздикро дар муассисањои гуногуни тањсилоти олии касбї интихоб кунад. Зиёда аз 400 ихтисоси мављуда ба 5 гурўњ таќсим шудаанд ва 10 ихтисосе, ки довталаб итихоб мекунад, бояд аз доираи як гурўњи ихтисосњо бошад. Пас аз маълум шудани натиљањои имтињон довталаб агар холњои кофї гирифта бошад, мувофиќи шумораи холњояш ба яке аз мактабњои олї ва ихтисосњои интихобкардааш ќабул карда мешавад.

Маводи имтињонї, аз љумла саволномањо дар ММТ тањия гардида, дар њамин љо чоп мешаванд ва дар халтањо ва сандуќњои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинњои махсуси муњофизатшаванда ба марказњои имтињонї дастрас мегарданд. Пас аз љамъоварии љавобњои довталабон маводи имтињонї боз ба њамин тартиб баргардонда шуда, дар ММТ мавриди коркард ќарор мегиранд. Љавоби натиљаи имтињонњо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказњои минтаќавии он ва ба суроѓањои шахсии довталаб тавассути почтаи электронї, паёмаки SMS ва дигар воситањо расонда мешавад. Афзалияти дигар ва бисёр муњими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харљи маблаѓи зиёд ба пойтахт ё дигар шањрњо нарафта, метавонанд дар марказњои ба мањалли зисташон наздик имтињон супоранд. Интихоби макони имтињонсупорї њам барои довталабон ихтиёрї аст. То кунун дар шањру ноњияњои гуногуни љумњурї, аз љумла Душанбе, Хоруѓ, Хуљанд, Ќурѓонтеппа, Кўлоб, Рашт ва Бобољон Ѓафуров 20 маркази баќайдгирии довталабон ва 52 маркази имтињонї омода карда шудааст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон зимни суњбатњо ва њам њангоми суханронї, ки дар њузури роњбарони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар сурат гирифт, ба фаъолият шуруъ намудани ММТ ва низоми нави ќабули имтињоти дохилшавиро "ќадами муњим дар ислоњоти соњаи маориф" номида, таъкид дошт, ки "минбаъд бояд тамоми намуди имтињонњо дар њамаи муассисањои таълимї ба таври электронї ва шаффофу одилона ба роњ монда шавад". Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки бо љалби мутахассисони соња корњои фањмондадињии низоми нави имтињонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роњ монанд, то ки онњо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба роњбарияти Вазорати маориф ва муассисањои тањсилоти олии љумњурї, њамчунин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пурзўр намудани тартибу интизом ва пешгирї аз фасоду таќаллуб њангоми ќабули имтињону санљишњо ва мубориза бо њама гуна амалњои номатлуб супоришњои мушаххас дод.

Дар вазорати маориф тањсили аќќалиятњои миллї баррасї шуд

218 компютери Иттињодияи Аврупо ба муассисањои тиббии Тољикистон

Дар вазорати маориф ва илми Тољикистон муовини вазир Т.Мањмадова ва њамоњангсози минтаќавии масоили тањсилоти Комиссариёи Олии Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо оид ба корњои аќаллиятњои миллї Анастасия Стоянова масъалањои марбут ба аќаллиятњои миллї, шароити таълими онњо дар муассисањои тањсилоти умумї, корњои ба сомонрасида дар ин самт, имконияти љорї намудани таълими бисёрзабона дар муассисањои тањсилоти умумии таълимашон бо забони аќаллиятњои миллї, таълиму тарбияи хонандагон дар шароити бисёрфарњангї, таъминот бо китобу маводи таълимї ва ѓайраро мавриди муњокима ќарор додаанд. Дар ин бора ба "Рўзгор" аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилъ доданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ хонум Стоянова аз љумлаи мутахассисони шинохта дар соњаи таълимоти бисёрзабона ва бисёрфарњангї дар Осиёи Марказї мебошад. Дар љараёни суњбат бо муовини вазири маориф ва илми кишвар вай изњор дошт барои пешрафти тањсилоти бисёрзабона ва бисёрфарњангї њамчунин њамоњангсозии корњои анљомшуда дар кишварњои Осиёи Марказї њар кумаки лозиро расонад. Алњол дар Тољикистон аќаллиятњои миллї, узбакњо ва ќирѓизњо бо забони модариашон мактаб доранд. Забони русї бошад дар њамаи мактабњои тањсилоти умумї љорист.

www.ruzgor.tj

Иттињодияи Аврупо бо маќсади тањкими системаи идоракунии иттилоотии тандурустї ба муассисањои тандурустии шањри Душанбе ва 65 шањру ноњияњои љумњурї 218 компютер, 160 модем ва 90 принтер таќдим намуд. Аз намояндагии ИА дар Тољикистон ба "Рўзгор" гуфтанд, ки ин таљњизот дар доираи татбиќи Лоињаи "Кўмаки техникї оиди мустањкамгардонии системаи иттилоотии тандурустї дар Љумњурии Тољикистон (HMIS III)" ироа шудааст. Бар асоси ин барнома ќарор аст то охири соли 2013 муассисањои тандурустии ш.Душанбе ва 20 ноњияњои љумњурї ва баъдан то нимсолаи якуми соли 2014 дигар шањру ноњияњои боќимонда бо шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустї пайваст карда шуда, бо таљњизот (компютерњо, модемњо ва принтерњо) таъмин карда мешаванд. Њамзамон тањкими системаи иттилоотии тандурустї ва омўзонидани кормандони соњаи омори тандурустии шањру ноњияњо ва кормандони раёсатњои тандурустї ба технологияи нави истифодабарии компютерї ва воридсозии барномаи DHIS-2 роњандозї мешавад. Гуфтанист, ки Лоињаи Иттињодияи Аврупо "Кўмаки техникї оиди тањкими системаи иттилоотии тандурустї дар Љумњурии Тољикистон" расонидани 3,4 млн. евро кўмаки техникї ба муассисањои тандурустии кишварро дар назар дорад ва он муштаракан бо EPOS Health Management (Олмон) ва ICON-Institute Public Sector (Олмон), бо иштироки Донишгоњи Осло (Норвегия) ва IrfatC (Тољикистон) татбиќ карда мешавад.

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае,ки гузашт Президенти кишвар Эмомалї Рањмон 21 декабр бо рафти сохтмони биноњои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе бевосита шинос шуда, дар маъракаи нињолшинонї ва аз нав обод намудани боѓњои фарњангию фароѓатї, кўчаю хиёбон ва гулгаштњои пойтахт иштирок намуд. Дар ин бора ба "Рўзгор" аз дафтари матбуотии Сардори давлат иттилоъ доданд. Бино ба гуфтаи манбаъ нахуст Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба мањалли сохтмони бинои нави Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки бо тарњи хеле зебо дар миёни мењмонхонаи Тољикистон ва бинои нави Вазорати корњои хориљї бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти сохтмони он шинос шуд. Бино аз 12 ошёнаи асосї ва тањхонаю болохона иборат хоњад буд. Масоњати умумии бино беш аз 22 њазор метри мураббаъ буда, аз ќариб 200 утоќи корї, толорњои барњавои маљлисию барои ќабули мењмонон, ошхона ва њуљрањои дигар иборат хоњад буд. Дар тањхонаи он таваќќуфгоњ барои беш аз 50 мошин пешбинї шудааст. Чунонки аён аст, бино аллакай пурра ќомат рост намудааст ва танњо ороиши дохилу берун ва васлу насби таљњизоти зербиної ва дигар корњо боќї мондааст. Бинои Кумитаи љавонон, ки корњои сохтмонии он тоза оѓоз шудаанд, аз 14 ошёна ва ќариб 23 њазор метри мураббаъ иборат хоњад буд ва дар он ѓайр аз Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, Иттифоќи љавонон, Кумитаи миллии олимпї ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон низ љойгир карда мешаванд. ххх Михаил Ходорковский, миллиардери собиќи рус, ки баъди дањ соли зиндон шомили авфи Путин гашт ва ба озодї баромад, гуфт, ки ќасди даст задан ба кори сиёсї надорад ва њатто амволи ширкати муфлисшудаашро низ талаб нахоњад кард. Ходорковский дар нишасти матбуотї бо хабарнигорон дар Берлин гуфт, ки њукуматдорони Русия барои озодиаш шарте пеш нагузошта буданд, вале худи ў ба Путин нома навишт ва гуфт, ки "ман нияти рафтан ба сиёсатро надорам ва барои бозгардонидани амволам њам мубориза нахоњам бурд". Давлати Русия ќаблан ўро ба дуздї, таќаллуби молї ва сарпечї аз пардохти молиёт гунањкор дониста, зиндонї карда буд. Муддати ин дањ сол талошњои байналмилалї бањри рањоии ў идома дошт ва дар нишасти матбуотии ёдшуда низ вай ба ин таъкид кард ва наќши собиќ вазири умури хориљии Олмонро дар ин озодї муассир хонад. Ходорковский гуфт, ки њисси бадбинї ба Путин надорад, зеро вай тўли ин муддат ба хонаводаи ў кор нагирифт ва фишор наовард. Аз сўи дигар вай Путинро шахсияти муќтадир хонд. ххх Маъмурияти президенти ИМА Конгрессро аз оќибати эълони тањримњои нав алайњи Љумњурии Исломии Эрон њушдор дод. Котиби матбуотии Обама Љейн Карнї иброз дошт, ки њоло на ваќти он аст, ки бо эълони тањримњои нав гуфтушунидњо бо Тењронро ба мушкил рў ба рў созанд. Барак Обама гуфтааст, ки бояд аз њар иќдоми мухолифаткунанда ба њалли дипломатии барномањои њастаии Эрон љилавгирї карда шавад. Котиби матбуотии Кохи Сафед гуфт, ки дар сурати ќабул шудани ин гуна ќонун Обама онро вето хоњад кард. Маврид ба ёдоварист, ки чанд рўз пештар ба муњокимаи Конгресси ИМА лоињаи ќонуни тањкими тањримњои иќтисодї алайњи Љумњурии Исломї ворид шуд. Лоиња пешбинї мекунад, ки дар сурати вайрон карда шудани талаботи муоњадаи Женева Вашингтон бояд даст ба иќдомоти шадидтар занад. Вазири умури хориљии Эрон Љавод Зариф гуфт, ки дар сурати эълони тањримоти нав кишвараш аз иљрои тавофуќи њосилшуда даст хоњад кашид. Барак Обама дар суњбат бо хабаргузорирњо хеле пештар гуфта буд, ки роњи дипломатї бењтарин роњи њали буњрон бо Эрон буд, ки њоло пайдо шудааст. Эрон аз аввалин рўзи имзои муоњада бо нозирони байналмилалї њамкорї кард ва онњоро мувофиќ ба талаботи созишнома ба объектњои њастаии худ роњ дод. ххх Сарвазири Туркия Раљаб Тайип Эрдуѓон ба иќдомоти маќомоти зиддикоррупсионии кишвараш дар мавриди боздошти афроди соњибмаќом ба љурми фасоди молї ва ришва вокуниш нишон дод. Вай гуфт ин иќдом аз хориљ тањрик шудааст ва кўшиши сияњ кардани чењраи њукумати имрўз аст. То кунун тибќи иттилои расонањои хабарии ин кишвар маќомот њудудан 70 нафар аз сардорони воњидњои пулисро барои њамкорї дар ифшову боздошти афрод аз кор барканор кардан два ё ба вазифаи пасттар аз он гузарониданд. Гуфта мешавад, ки маќомоти зиддикоррупсионї дар њамкорї бо пулис даст ба амалиёти гуфтардаи боздошти афроди соњибмаќом заданд ва зарфи як муддати кўтоњ 24 нафар аз љумла фарзандони ду вазир ва мудири "Халќбанк"-ро дастгир карданд. Сарвазири Туркия Раљаб Тайип Эрдуѓон ин амалиётро ба боди интиќод кашид ва гуфт њадафи он паст задани обрўи њукумат аст, на чизе аз ин беш. Аммо коршиносоне, ки вазъро мушикофона тањлил мекунанд, миёни ин мубориза ва шармсории њукумату аксуламали Эрдуѓон дасти сиёсатмадори турки муќими Амрико Фатњулло Гуленро дидаанд, ки дар сохторњои давлатї мањбубияти хоса дорад.


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

№30 (030) 25 декабри соли 2013

3

Толибони афѓон на Масъуд доранд ва на Раббониву Њикматёр

Дуруду саломи бепоён ба њамаи алоќамандон ва мухлисони "Рўзгор". Дар охирин рўзњои соли нави милодї ќадам мезанем ва боз чанд рўзи дигар мегузараду Соли нави масењии 2014 бо ќадамњои фархунда вориди куњандиёри мо мешавад. Аз њоло ба истиќболи ин рўзи барои њамагон нишотовар омодагињо дар љараёнанд. Дар сар то сари кишвар мебинему мешунавем, ки алоќамандонаш бо оростани арчањои солинавиву харидори анвоъи хўрданї дастурхони худро мехоњанд идона ороста гардонанд.

Дар мавриди низоми истиќбол аз соли нав ин бор хеле зиёд навиштанду гуфтанд. Сару садоњое дар бораи арчаву Бобои барфї ва Барфак баланд шуданд ва ин мавзуъ гумон мекунем хеле баррасии густарда дар матбуоти чопи њафтаи гузашта дошт. Ва ба њамаи ин нигоњ накарда чанд тан аз мо низ дар бораи ин њаномањо суол карда буданд, ки посухро дар сањифаи "Пурсишеву посухе" хоњед мутолиа намуд. Аз миёни суњбатњои телефонии ин њафта то љое соли Маѓфират Назарова аз Ёвон шоиста буд, ки ин љо аз он ёдовар шавем. Маѓфират аз гузашта худ мегуфт ва љонибдорї аз хонандагонимо Гулнигор ва Шакарбек Мирзоюнус мекард, ки изњори назарашон дар бораи муњољирату падарони фирорї ва фаромўшхотир чоп шуда буд. Маѓфират мегўяд љабрдидаи муњољират аст. Шавњараш ўро бо се фарзандаш гузошту бо зане, ки аз худаш ба синну сол калон ва бос яњудии рус ба хотири дарёфти шањрвандї издивољ кард. Дар аввал ба ханавода таваљљуњ дошт, вале баъдан њамаро фаромуш кард. Бурди Маѓфират он будааст, ки бародарони боору номус доштааст ва фарзандонаш хорири надиданд. Вале дилшикаста аз он нест, ки шавњар аз даст додаасту баќияи умраш бе орзуи хонадорї пушти сар шудааст, балки аз он аст, ки ин мўњољиарт ба кишвари Русия садњо ва шояд њазорњо хонадонро дар Тољикистон ба ин њол гирифтору мусибатзада кардааст. Мегўяд додаронаш нагузоштанд, ки фарзандони ў хор шаванд, вале мењри падар њамоно дар ќалби онњо љо дорад. Њар ќадар кўшидааст, вале њамин муњаббати падардориву мусибати бепадариро натавонистааст дар замири онњо коњиш дињад. Ва Маѓфират мегўяд кош дар љумњурї созмони модарони шавњаргумкарда бар асари муњиљират таъсис мешуд, ки аќалан аз бемењрии дигарон љилавгирї мекард. Оре, дар њаќиќат ин як масъалаи доѓ аст. Дар ин боб номаи дигаре дорем, ки шояд

Ироќ аз дасти Амрико сад пора шуд. Дар Ироќ тайи солњои њокимияти Саддом Њусейн љанги шиаву сунниро намедидем. Оромтарину амнтарин мамлакати минтаќа буд ва пешрафтатарин њам буд. Ягона гуноње, ки Саддом Њусейн кард, ин он буд, ки нагузошт Инќилоби исломии Эрон зуд пирўз шавад ва бо њамла ба ин кишвар барояш зарари љубронопазир расонд. Хуб шуд, ки шикаст хўрд, ин барояш дарс шуд. Шояд Худованд барои њамин гуноњаш билохира бо дасти бегонагон сар-

мегўяд, фзи номусу ном аст. Дуруст њи ин д, на ку ме й рза Ка д ми Он чї Њо д бияндешанд. аст, ки дар бораи амнияти ху кури ки њаќи мардуми Афѓонистон хотири милигарову тафак ба о нр бо ли То ки м, ста ња Ман касе ногоњ аз онњо ст намедорам. Ваде њоло гоњу дў н шо иа ом исл и аги иён и им аср њо онњо мондаанд дар сањна тан ки м, на би ме н чу м, на ку пуштибонї ме замони . Вале он шару шури љињоди он гар ѓол иш ди зид р ба за мубори съ уд бу ду си па њс ол ор Ањ ма дш оњ и Ма ду Ш ўр ав ї не ст. За мо не , ки кматёру Исмоилхон, Сайёф бу Њи и ин дд би Гул ї, он бб Ра ни Бурњонидди пушти сар шуд... Мазорї, он замон бебозгашт баъди санљиш ва ё машварат бо мутахассисон дар шуморањои оянда чоп кунем. Нома хеле дардовар аст ва гуфтем онро гузорем, то замони чопаш фароњам ояд. ТОЛИБОН НА МАСЪУД ДОРАНД ВА НА РАББОНИВУ ЊИКМАТЁР Мушкилоти Карзай мушкилоти танњо худи ў нест. Ин мушкили Афѓонистон ва кулли олами Ислом аст. Бубинед, ки Амрикову инглис куљову Афѓонистон куљо?

нагунаш сохт. Доварї намекунам, инро Худо худаш бењтар аз мо медонад. Вале он чї Њомид Карзай мекунад, ин њифзи номусу ном аст. Дуруст мегўяд, ки њаќи мардуми Афѓонистон аст, ки дар бораи амнияти худ бияндешанд. Ман касе њастам, ки Толибонро ба хотири милигарову тафаккури асримиёнагии исломиашон дўст намедорам. Ваде њоло гоњу ногоњ аз онњо пуштибонї мекунам, чун мебинам, ки танњо онњо мондаанд дар сањнаи мубориза бар зидди ишѓолгарон. Вале он шару

шури љињоди замони Шўравї нест. Замоне, ки сипањсолор Ањмадшоњи Масъуд буду Бурњониддини Раббонї, Гулбиддини Њикматёру Исмоилхон, Сайёф буду Мазорї, он замон бебозгашт пушти сра шуд. Онњо чароѓи љињоди зидди ишѓолгаронро фурузон карданд. Вале Толибон ин гуна чењарањо ва ин гуна шахсиятњо надоранд. Шахсан ман касеро аз миёни онон намедонам ва намешиносам. Касоне њам, ки исмашон каме сари забонњо шудааст, њамон тафаккури ќадимї доранд ва љањонбиниашон хеле мањдуд ва танг аст. Каримхудо Саломиддинов, Ќурѓонтеппа

зорам ва онро бунёд мекунад. Ман чун миллионњо мусалмони олам толиби зиёрати хонаи Худоям. Аммо то њол ин орзу љомаи амал напўшидааст ва умедворам Худованд маро њам аз ин бенасиб намегардонад. Агар ба њаљ равам, Масљиди Набавиро њам зиёоат хоњам кард, иншооллоњ. Вале ин дам аз мутолиаи маќолаи олими шинохта Абдушарифи Боќизода як љањон маълумоти тоза гирифтам. Донистам, ки Пайѓамбари гиромї (с) онро чї гуна буёд кардаанд ва дар куљо. Баъадан чї тањаввулоте онро интизор буд. Маќола давом дорад, мунтазирам, ки ко-

ФОРСИВУ ТОЉИКЇ ЊАРДУ ШИРИНАНД, ВАЛЕ ЛАЊНИ ЭРОНЇ БА МАН ПИСАНД Сўњбати хеле хуб хондам бо хонуми эронї Фотима Асад. Аслан аз њарфзании эронињо хушам меояд. Шояд аз он бошад, ки муддате он љо зистаам. Дар њаќиќат шеваи гўиши онњо дар назарам аз гуфтори мо ширинтар аст. Вале ин љо боз њарфи дигарро њам бояд гўям: забони форсии эронї зиёд арабизада аст. Махсусан ман шеваи тењрониро ба мушкил мефањмидам. Аммо гўиши Хуросон дигар аст, ба худи мо бештар наздик. Дар Машњад, ки мо мезистем, комилан мушкил надоштем ва њатто хеле зуд ба тарзи суњбаташон мутаваљљењ шудем. Вале чун ба Тењрон мерафтем, медидем, ки гуфтугуи онњо то њадде фарќ мекунад. Аммо на ин гуна фарќе, ки њамдигарро нафањманд, балки калимоти ворида зиёд дорад форсии Тењрон. Шояд ин дар назари ман бошад, вале њамин гуна бардошт кардам. Аммо хонум Фотима Асад хеле лутф мекунанд, ки мегўянд забони мо зебост. Зебосту мо худамон вайрон кардаем. Суњбати кудаки эрониву тољикро ќиёс кунед, як шармандагист. Сухбати бачањои мо бозорист, пур аз алфози ќабењ, аммо онњо хеле орому ботамкин ва боадаб њарф мезананд. Албатта, бо ин ман забону гуиши худамонро намехоњам паст занам, вале аз њаќиќат рў бояд натобем. Муниса, омўзгор

мил бихонам. Абдуљаббор Муќимов, Вањдат

ОРЗУИ ЗИЁРАТ ДОРАМ... Маќолаи "Масљиди Набавї: аз ибтидо то имрўз" маро басо хуш омад. Ба машом бўи Муњаммад (с) овард. Ваќте мутолиа мекардам, гумон мекардам дар пањлуи Расули гиромиам ва хишт болои хишт мегу-

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

"Рўзгор": Мо њам дуо мекунем, ки Шумо бародари азиз, ба орзуи худ бирасед. Њаљ фарз аст ва њар мусалмон вобаста ба шароит ва тавону иќтидораш ин фаризаи илоњиро бояд ба љо орад. То метавонем дар орзуи он хоњем буд. Ва агар муяссарамон нашуд, Худованд худ Карим аст. МО ЊАМ ШОМИЛЊОЕ ДОШТЕМ, КИ КАМ КАСОН ЁД ДОРАНД Ќиссаи хеле шўрангез аст, ќиссаи "Имом Шомил". Бахусус ин шумораашро гаштаву баргашта хондам. Дилам танг шуд, гиристам. Сарнавишти њамаи мо мардуми куњистон якест. Ва њамеша моро хоиноне фурухтаанд. Агар хоин набошад, мубориза поён нахоњад ёфт, вале хоин ин хатми љанг аст, хатми озодиву истиќлолият аст. Магар кам буданд ин гуна хоинон дар Тољикистон? Ман ин љо мехоњам якчанд љумларо такроран иќтибос орам аз ќиссаи "Имом Шомил". "Сабаби омаданаш ин буд: ваќти дар Истамбул зиндагонї карданаш бо кадоме аз зурриёти писари хурдии Шомил дўстї доштааст. "Ањволашон чї хел?"- пурсидам ман. "Бад". "Барои чї"? "Барои он ки Доѓистн надоранд. Агар медонистед онњо љї ќадар пазмони Ватан шудаанд. Амалдорон баъзан онњоро меранљонанд, замини дар ихтиёр доштаашонро кашида гирифтанї мешаванд."Кашида гиред, - мегўянд зурриёти имом. Мо аз дусар Доѓистон надорем, замини дигар бароямон арзише надорад". Чї сухани олї! Зару зевар, тахту тољ дар ватани бегона баробар ба як каф хоки Ватан нест.

www.ruzgor.tj


4

№30 (030) 25 декабри соли 2013

-Устод, дар мавриди забони имрўзи адабиёти тољик чї андеша доред?Дар забони адабии мо имрўз чї падидањо мушоњида мешаванд? -Забон њам ба мисли дигар њодисањои љамъиятї њамеша дар дигаргунї аст ва баробари љамъият ќадам мемонад. Дар забон њам њар замон дигаргуниву падидањои нав рўй додан мегиранд. Албатта, баъзан њодисањое мешаванд, ки барои инкишофи забон халал мерасонанд. Масалан дар даврањое, ки дар кишвари мо нооромї буд, воќеан њам њам ќалами нависанда, њам ќалами рўзноманигор ва њам корњои эљодї андаке суст шуд ва ин ба инкишофи забон њам бетаъсир намонд ва андаке бесарусомонї дар меъёри забони адабї ба миён омад. Чунки ин як давраи гузариш аз як марњала ба марњалаи дигари забон буд. Аслан ин марњалаи гузариш аз солњои панљоњуми асри гузашта оѓоз ёфта буд. Яъне, фишор овардан ба забони тољикї, ки аз аввали солњои сиюм оѓоз ёфта, то нимаи аввали солњои панљоњуми асри гузашта идома дошт. Ва сабабаш њам

Рўзгори забон

www.ruzgor.tj

Камолиддинов:

жањои арабие, ки танњо дар гўиши эронї ё худ тењронї роиљанд, зиёд ба чашм мехўрад. Масалан нафароне пайдо шудаанд, ки талќин мекунанд, то ба љойи калимаи "хурд" вожаи "кучулу" ё "кўчак"-ро истифода барем. Гўё забони адабии мо имрўз њам комилан русизада аст. Онњо дар њаќќи њар вожа ё иборае, ки барояшон писанд намеуфтад, мегўянд, "ин дар забони порсии меъёр нест". Сари истифодаи вожањои арабие, ки танњо дар гўишњои имрўзаи Эрон мављуданд ва дар мавриди меъёри забони мо чї мегўед? - Меъёри забони адабии мо бояд њамон забони ноби классикї бошад. Ин як падидаи наљиб аст, ки њазор сол мегузарад ва баъд аз њазор сол сурудањои шоирро талабаи синфи якуму дуюм хонда, маънояшро мефањмад. Дар дунё ин гуна забонњо набудааст. Танњо забони мост, ки њамин гуна хусусият дорад. Ба њамин муносибат ман як воќеаро ба Шумо наќл мекунам. Баъди он нобасомонињо солњои 1993-юм ва 1994-ум ду маротиба, паи њам-

"Забони "Шоњнома" назар ба забони форсии имрўзи Эрон ба тољикї наздиктар аст"

Устод Бањриддин Камолиддинов соли 1935-ум дар ноњияи Ашт таваллуд шуда, соли 1959-ум Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм кардааст. Аз замони хамти донишгоњ то ба ин дам дар њамин мактаби олї фаъолияти омўзгорї дорад. Доктори илми филология, профессор, академики Академияи байналхалќии маълумоти олї, Арбоби илм ва техникаи Тољикистон Бањриддин Камолиддинов дар масоили гуногуни илми забоншиносии тољик китобњои зиёдеро чун "Њусни баён", "Хусусияти услубии сарфу нањви забони тољикї", "Масъалањои бањсноки нањви забони тољикї", "Сухандонон сухан санљида гўянд" ва ѓайра мунташир карда, имрўз яке аз боризтарин забоншиносони тољик мањсуб меёбад. Хабарнигори "Рўзгор" Бањман бо устод Бањриддин Камолиддинов силсиласуњбате анљом дода, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

дар он буд, ки дар фазои сиёсии мамлакат андаке насими адолат вазид ва устодони мо аз мамлакатњои хориља ба мисли Эрон, Афѓонистон, кишварњои араб барои таљрибаомўзїё худ њамчун тарљумон дидан карданд, вазъи забони дарї ва забони форсии Эронро диданд, ки соњибони забон њамон анъанањои пешинаро идома дода истодаанд. Диданд, ки фишор ба ин забонњо нест.Мо њам њамон айём донишљў будем ва мехостем, ки ба љойи калимаи "студент" "донишљў" гўем ё "толибилм" гўем, аммо муаллимон розї намешуданд. Онњо мегуфтанд, ки "студент" як калимаи бисёр боифтихор аст. Чї хел ин калимаро бо як калимаи дигаре, ки њамин гуна як эњсосоти ифтихор надорад, иваз кардан мумкин аст? Њатто соли 1958, ки 1100 солагии Абуабдулло Рўдакї љашн гирифта мешуд, мо як гуруњ донишљўён ба назди ректор рафта мурољиат кардем, ки Донишгоњ ба номи Рўдакї гузошта шавад. Лекин бо ин корамон як "хизмати хирсона" кардем. Дар ёди касе набуд, ки Университети давлатии Тољикистон бояд ба номи ягон касе шавад. Баъди чанде донишгоњ ба номи Рўдакї не, ба номи Ленин шуд. Ваќте мо норозї шудему ба нази Солењ Раљабов даромадем, он кас гуфтанд, ки "Њамин университетро ба Шумо Рўдакї дод ё Ленин?" Ва мањз аз њамон давра як руњияи бозсозї њам дар забон, њам дар њаёти љамъият дар байни љавонони тољик ба миён омада буд. Марњалаи дигар замони горбачёвї аст, ки њамон насими демократия ба мо њам вазид, ин љунбиш боз бештар шуд. Ва ин бо ќабули ќонуни чун забони давлатї пазируфта шудани забони тољикї анљом ёфт. -Зиёиёнро гузорем як тараф, дар њамон давра њамин ќабули як ќонун мардуми оммаро тавониста буд муътаќид кунад ба оне ки забони тољикї њам метавонад

www.ruzgor.tj

забони давлатї бошад? - На, баъд аз ќабули ќонуни забон њам мардум дудила буданд, ки забони тољикї метавониста бошад забони расмии давлатї шавад. Аммо, ваќте ки Љумњурии Тољикистон истиќлолияти худашро эълон кард, мардум гуфтанд, ки ња, акнун мешавад, чунки дигар илољ нест. Ва њамин гуна андаке ѓамхорї дар њаќќи забон ба миён омад. Пайињам соли 1989 ду маќолаи Лоиќ Шералї, ки яке "Забони миллї аз муќаддасоти миллист" ва дигаре "Забон нишонаи шањрвандист" ном доштанд, мунташир шуданд. Дар ин маќолањо нисбати забони тољикї андешањои хуб гуфта шуданд. -Тањаввулот дар забон чї гуна ва бо

e mail: info@ruzgor.tj

кадом тарз љорї шуд? -Адибон баъзе аз калимоти безарура ба забони мо ба тариќи зўрї интиќолшударо оњиста-оњиста дигар истифода накарданд. Баъд ба онњо таќлид карданд журналистон, баъдтар донишљўён, устодони мактабњои олї ва њамин хел як дигаргунї дар забон ба миён омад. Лекин як падидаи нохуш њам сар зад, чунки як дараља озодии матбуот ба миён омад, аз њамин истифода бурда, баъзењо як фикрњои ношоиста гуфтанд. -Масалан чї фикрњои ношоиста? -Барои чї забони адабї дар заминаи лањљаи Бухорову Самарќанд бошад? Чаро дар заминаи лањљањои дигари забон нест? Ин фикр нодуруст буд. Чунки дар њама забонњои дунё њам яке аз марказњо, ки дар он љо илм, санъат, косибї инкишоф меёбад, истилоњот дар њамон љо тавлид меёбанд, њамон љо эљод мешаванд. На дар як дењаи дурдасте. Дар њамин мавзуъ ман њам чандин маќолањо навиштам ва дар маќо-

лаам гуфтам, ки дар кафедраи забони тољикї як хонум дар мавзўи "Истилоњоти заргарї дар Самарќанд" рисолаи номзадї њимоя кард.Ў зиёда аз њафтсад истилоњи заргариро гирд овардааст аз Самарќанд. Ман мепурсидам, ки дар шевањо чї ќадари њамин истилоњоти заргарї њаст? Њунари заргарї набошад, аз куљо дар њамон истилоњоти заргарї тавлид меёбад? Масалан, дар дењаи Ашт истилоњоти оњангарї бисёр аст, чунки њамин њунари оњангарї дар њамон љо њаст ва ин њунар имрўз њам идома дорад дар байни мардуми дењаи Ашти ноњияи Ашт. - Устод, биёед сари вазъи имрўзи забон баргардем. Имрўз дар матбуоти мо, дар осори бархе аз адибони мо корбурди во-

ruzgor@mail.ru

дигар Форуми тољикони љањон баргузор шуда буду аз тамоми дунё форсизабонону шарќшиносон љамъ омаданд. Дар доираи њамин форум як суњбати наљиб ба ман муяссар шуд бо олими амрикої Ричард Фрай. Мо се кас дар як хона мењмон будем: Ричард Фрай, шарќшиноси гурљї Љамшед Гюнашвили ва мани тољик. Ба њурмати ман суњбати мо ба забони тољикї буд. Ричард Фрай озод ба забони тољикї гап мезад. Љамшед Гюнашвили бо тољикї њамон ќадар шеър мехонд, ки назираш кам тољик медонад. Гап омаду ман аз Ричард Фрай пурсидам, ки оянда шамъи забони тољикї дар кадоме аз се давлати форсигў фурузон мемонад? Ричард Фрай гуфт, ки дар Тољикистон. Ман табассум кардам ва ў маќсади маро зуд пай бурд. Охир мо камнуфуз њастем, Эрон сернуфуз аст. Вай ба ман нигоњ карда гуфт, ки ман далел дорам. Пурсидам, ки чї далел? Љавоб дод, ки "далели якуми ман њамин ки забони ќадимаи форсиро Шумо бењтар нигоњ доштаед нисбат ба эронињову афѓонњо. Агар бовар накунед, ба забони "Шоњнома"-и Фирдавсї бингаред. Забони ин шоњасар назар ба забони форсии имрўз ба забони адабии тољикии Шумо наздиктар аст. Далели дуюмам њамин ки мардуми тољик мардуми бумиянд. Аммо аз Афѓонистону Эрон мардуми зиёде баромада рафтанд. Бинобар ин асолати забонро бењтар нигањ доштааст." Аќидаи ман њам њамин аст, дигар нашудааст. Њатто Президенти кишвар њам чандин бор гуфтанд, ки забони ноби худамонро бояд эњтиёт кунем, то олуда нашавад. Аммо инљо як чизи дигар њам њаст. Як муддат мо дар садсолаи ахир аз њамон асолати худ андаке дур рафтем. Лекин дар Эрону Афѓонистон њамон анъанаи гузаштагонро идома доданд. Мо як миќдор калимањои душворфањми арабиро аз забони худ дур афкандем, онњо нигоњ доштанд, махсусан забони форсї. Масалан дар забони форсї шакли љамъи калимаи "устод" - "асотид" њаст, дар мо нест. Ваќте устодон аз Эрон ба донишгоњи мо омаданд ва ба мо "асотид" гуфта мурољиат карданд, ба гўши мо ин вожа бегона расид. Худатон муќоиса кунед, ки асотид гуфтан бењтар аст ё устодон? Чаро мо "устодон"-ро монему "асотид" гўем? Аммо мо бояд аз њар чизе ки онњо дар соњаи истилоњоти илмї дастовард кардаанд, бањра барем. Масалан вожаи "презентация"-и русиро аввал "муаррифї кардан" гуфтем ва ин аз Эрон ба мо омад ва мо њам истифодаи онро афзалтар донистем. Лекин онњо бо њамин ќаноат накарда, баъд калимаи форсии "рўйнамої"-ро ёфтанд, ки ба мо њам хеле писанд омад. Барои чї ба мо маъќул шуд? Барои он ки ба табиати забони мо мувофиќ аст ва барои исбот мо калимаи "рўйбинон" дорем. (Идома дорад.) Суњбати Бањманёр, «Рўзгор»


www.ruzgor.tj

Бузургони рўзгор

№30 (030) 25 декабри соли 2013

5

100 тољики маъруфи Узбекистон Тољикон аз ќадимтафин мардуми бумии Осиё Миёнаанд, баъди таъсиси љумњурињои алоњидаи иттифоќї дар њайати Иттињоди Шуравї (солњои 20 ќарни ХХ) дар Узбекистон монданд. Бухоро, Самарќанд, Сурхондарё, Ќашќадарё аз мањалњои аслии зисташон ба шумор меравад. Бовуљуди тазњиќу фишорњои пантуркистон ва миллатгароёни узбек тољикон забону маданият ва анъаноти хешро њифз карда, дар пешрафти њаёти сиёсї, илмию адабї ва фарњангии Узбекистон наќши муњим гузоштаю мегузоранд. Њоло 100 тољики маъруфи Узбекистон муаррифї мешавад.

Комил Ёрматов

Њаёт Неъмати Самарќандї

1.Њољї Абдулазиз (Абдурасулов) (1852-1936), маќомхон, оњангсоз, мутриб. 2.Бењбудї Мањмадхўља (1875-1919), нависанда олим. 3.Азизов Шодї (Усто Шодї) (1878-1943), маќомхон, мутриб. 4.Гулханї Ориф (1879-1931), шоири зулисонайн. 5.Њољї Муин Шукруллозода (1883-1942), шоир, драматург. 6.Фитрат Абдурауф (1886-1937), нависанда, олим, аввалин профессори тољик (1924) 7.Ализода Саидризо (1887-1938), журналист, яке аз саромадони матбуоти тољик. 8.Њамза Њакимзода Ниёзї (1889-1929), шоир, драматург, поягузори адабиёти муосири узбек. 9.Муњиддинов Абдуќодир (1891-1940), арбоби давлатї, яке аз поягузорони Њукумати Шўравї дар Тољикистону Узбекистон. 10.Азизї Бањриддин (1895-1944), журналист, яке аз саромадони матбуоти тољик. 11.Хољаев Файзулло (1896-1938), арбоби давлатї (1925-1938 раиси СКХ-и Узбекситон). 12.Вофии Самарќандї (1897-1971), шоир. 13.Раљаб Юнусї (1897-1976), маќомхон, оњангсоз, мутриб, Артисти халќии Узбекистон, академик АИУ. 14.Тошмуњаммад Ќорї Ниёзии Хуљандї (1897-1971), аввалин доктори илм (1934) аз миёни тољикон, риёзидон, аввалин Президенти Академияи илмњои Узбекистон (1943-1948), Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї. 15.Юсуфов Усмон (1900-1966), арбоби давлатї (1937-1950 Котиби якуми КМ ПК Узбекситон). 16.Ёрматов Комил (1903-1978), кинорежиссёр, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї, Ходими Шоистаи њунари Тољикистон ва Узбекистон. 17.Ќулматов Муњаммад (1905-1973), доктори илми тиб, профессор. 18.Раљабов Додо (1906-1984), доктори илми педагогї. 19.Абдулло Ќањњор (1907-1968), Нависандаи халќии Узбекистон. 20.Васфї Муњаммадљон (1908-1971), шоир, мутарљим. 21.Додобоев Акрам (1908-1990), доктори илми биологї (зодаи Хуљанд). 22.Раљабов Сиддиќ (1910-1991), доктори илми педагогї, профессор, Ходими шоистаи илми Узбекистон. 23.Орифї Олимљон (1911-19898), шоир. 24.Ашрафї Мухтор (1912-1979), оњангсоз, дирижёр, дорандаи Љойизаи Ленинї, Ходими шоистаи њунари Тољикистон ва Узбекистон. 25.Абдуллоев Воњид (1912-1985), адабиётшинос, академик, собиќ Президенти АИУ. 26.Бурњонов Мутаваккил (1916-2002), оњангсоз, Артисти халќии Узбекистон. 27.Ќањњорова Њабиба (1916-1991), журналисти собиќадор, мутарљим. 28.Сирољиддинов Бурњон (1917-1994), генерал лейтенант (зодаи Конибодом). 29.Сирољиддинов Саъдї (1920-1988), риёзидон, академики АИ Узбекистон, ба сифати ректори Университети давлатии Узбекистон, ноиби Президенти АИ Узбекистон кор кардааст. (зодаи Конибодом). 30.Мазитов Бурњон (1921), доктори илмњои физи-

Насиба Абдуллоева

ка ва математика, профессор. 31.Мўсоев Мањмуд (1921-2006), доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Узбекистон (зодаи Хуљанд). 32.Ортиќзода Болта (1921-2001), нависанда. 33.Шоњмуњаммадов Шоњислом (1921), доктори илми филологї, профессор, адабиётшинос. 34.Муќимов Рањим (1922-2000), доктори илми филологї, профессор, Ходими шоистаи илми Узбекистон. 35.Ортиќбоев Абдуллољон (1923-2009), генералмайор (зодаи Конибодом). 36.Рањматов Барот (1923), доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тољикистон (аз солњои 70- ум дар Тошканд кору зиндагї дорад). 37.Кароматов Файзулло (1925), доктори илми санъатшиносї, профессор, Ходими шоистаи илми Узбекистон. 38.Бурњонов Бахтиёр (1926-2002), аз саромадони матбуоти навини тољик дар Узбекистон (зодаи Конибодом). 39.Сирољиддинов Абдуманон (1927), доктори илми геологї, профессор (зодаи Конибодом). 40.Болтаев Муњаммад (1928), доктори илми фалсафа, профессор, муаллифи китоби "Мантиќ". 41.Абдуллоев Фатњулло (1929), муаррих эрошинос, доктори илми таърих. 42.Муњаммадов Мањмуд (1929), доктори илми техникї, профессор (зодаи Хуљанд). 43.Умарзода Мўњсин (1930-2013), собиќадори матбуоти тољик дар Узбекистон. 44.Урунбоев Асам (1931), муаррих-шарќшинос, доктори илми таърих. 45.Талъати Абдуљаббор (1931), адабиётшинос. 46.Бозоров Облоќул (1932), доктори илми фалсафа, профессор. 47.Валихољаев Ботур (1932-2005), доктори илми филологї, профессор, адабиётшинос (бо тахаллуси Хилъатпур асарњои бадеї навиштааст). 48.Шукуров Шавќат (1932), доктори илми филологї, профессор, адабиётшинос. 49.Амирхонов Назар (1933), доктори илми биологї, профессор (зодаи Хуљанд). 50.Мансуров Уктам (1933-1988), доктори илми техникї, профессор (зодаи Хуљанд). 51.Шукуров Аминљон (1933-2006), нависанда, мутарљим. 52.Гулзода Асад (1935), шоир. 53.Ѓанизода Абдукарим (1936), шоир. 54.Ќосимзода Истад (1936), нависанда, олим. 55.Салим Кенља (1936), шоир. 56.Зайниев Насриддин (1937), доктори илми фалсафа, профессор (зодаи Душанбе). 57.Садриев Саъдї (1937), доктори илми филологї, профессор, адабиётшинос. 58.Мирсаидов Љамол (1938), доктори илми филологї. 59.Мирсаидов Шукрулло (1939), доктори илми иќтисод, арбоби давлатї (1991-1992 ноиби Президенти Узбекистон). 60.Саидов Шавќат (1939), доктори илми техникї. профессор (зодаи Душанбе). 61.Ќурбонмањмадов Аќназар (1940), доктори илми

ruzgor@hotmail.com

Мардони Мавлон

фалсафа, профессор (зодаи ноњияи Рушон). 62.Турсун Усмон (1940), шоир. 63.Љонибек (Ќувноќов) (1940-1990), шоир, матарљим. 64.Ќамарзода Аслиддин (Асилзодаи Самарќандї) (1941), адабиётшинос, нависанда, мутарљим. 65.Содиќов Баќо (1941), кинорежиссер, Ходими шоистаи њунари Тољикистон, дорандаи Љойизаи давлатии ба номи Рўдакї (аз соли 1988 дар Узбекистон кору зиндагї дорад). 66.Валиќулов Юсуф (1942), шоир, журналист, публисист, Журналисти шоистаи Узбекистон. 67.Њаёт Неъмати Самарќандї (1943), шоир, драматург арбоби љамъиятї. 68.Отахонзода Маъруф (Рањгузар) (1944), журналист, публисист, Журналисти шоистаи Узбекистон. 69.Њусниддин Зулфон (1945), шоир, мутарљим. 70.Адаш Истад (1946), нависанда, публисист. 71.Атоуллохонов Фазоил (1946), доктори илми биологї, профессор, устоди Донишгоњи Маскав (зодаи Самарќанд). 72.Мансуров Марат (1946), доктори илми химия, профессор. 73.Акбар Пирўзї (1947), шоир, мутарљим. 74.Ањмадљони Хишравї (1947), шоир. 75.Љумъа Хамроњ (1947), доктори илми филологї, адабиётшинос. 76.Њадя (Раљабова Саломат), (1948), шоир). 77.Бекназари Тўйназар (1949), шоир. 78.Азимзода Тошќул (1950), нависанда. 79.Чоршанбеи Дењнавї (1950), нависанда. 80.Насриддинов Хайрулло (1950), сароянда, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон. 81.Каримзода Нормурод (1951), шоир. 82.Љумъаев Бахтиёр (1952), нависандаи њаљвнигор. 83.Нодири Нодирї (1953), шоир. 84.Абдулло Субњон (1955), шоир. 85.Паймон (Тўхтамиш Тўхтаев) (1955), нависанда. 86.Аскар Мањкам (1958-2012), шоир, мутарљим. 87.Салимзода Абуќањњор (1958), журналист, публисист. 88.Муњаммад Шодї (1959), нависанда. 89.Њомидов Њомид (1959), доктор илми биологї, профессор (зодаи Мастчоњ). 90.Отамуродов Нишон (1960), сароянда, Њунарпешаи шоистаи Узбекистон. 91.Воњидов Шодмон (1961), муаррих-шарќшинос, доктори илми таърих (зодаи Панљакент). 92. Абдуллоева Насиба (1962), сароянда, Њунарпешаи халќии Узбекистон. 93.Мардони Мавлон (1963), сароянда. Њунарпешаи халќии Тољикистон ва Узбекистон. 94.Муродалиева Гулчењра (Гулчењра Муродалї) (1963), шоира. 95.Зебуниссо Тоњириён (1965), шоира. 96.Љаъфар Муњаммади Тирмизї (1968), шоир. 97.Исмоилзода Асадулло (1970), шоир. 98.Чоризода Норхоља (1972), шоир. 99.Озармењр (Љумъаназар Эшонќулов) (1973), шоир. 100.Парисо (Саодат Алимова), шоира. Мураттибон: Ёр Муњаммад, Љамил Валиев, Кормандони Китобхонаи миллии Тољикистон.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


6

Озмуни рўзгор

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Тањмина Раљабова, ровии телевизионии "Сафина", ки дар филми "Марде дар орзуи зани паљум" наќш бозида буд, дар номинатсияи "Бењтарин акстриса"и љашнвораи байналмилалии "International Film Festival" дар Њиндустон сазовори љоиза шудааст. Бино ба гуфтаи Тањмина Раљабова дар филми ёдшуда 5 образи зан офарида шуда буд, вале њайати њакамон наќши ўро муассир ёфтаанд.

Мактаби зимистонаи кодикологони љавон Дар маркази Исмоилияи шањри Душанбе тањти роњбарии корманди пешбари Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ Лола Додихудоева бо њамкории Институти фаронсавии тадќиќоти Осиёи Марказї (IFEAS) аз 12.12.2013 то 21.12.2013 мактаби зимистонаи кадикологон (дастхатшиносони нусхањои ќадимаи шарќї ва тањиякунандагони каталогњо)-и љавон кори имсолаи худро бомуваффаќият љамъбаст намуд.

Ровии "Сафина" љоизаи љашнвораи синамои Њиндро гирифт Маврид ба ёдоварист, ки филми "Марде дар орзуи зани панљум" соли 2011 бо дастгирии фаннии Њиндустон аз љониби коргардони афѓон Сиддиќ Обидї дар вилоятњои шимолии Афѓонистон наворбардорї шудааст. Њунарманди театри љавонони ба номаи Мањмудљон Воњидов Бердї Минглиев, ки дар ин филм наќш дошт,

дар сўњбат бо "Рўзгор" гуфт, ки "Марде дар орзуи зани панљум" соли гузашта дар љашнвораи байналмилалии синамо (BIFF) дар шањри Бостони ИМА низ соњиби љоиза гардида буд. Ба гуфтаи Бердї Минглиев дар ин филм аз Тољикистон се нафар: Тањмина Раљабова, Шањноза Буриева ва худи ў наќш офаридаанд.

Бердї Минглиев гуфт, ки "Марде дар орзуи зани панљум" то њол дар Тољикистон намоиш дода нашудааст, аз ин рў барои тамошобини тољик он ношинос аст. Вале тањиягарони филм ният доранд бањори соли оянда онро ба Душанбе оранд ва бо мувофаќа бо маќомоти синамои Тољикистон намоиш дињанд.

Шоњљоизаи "Маќсуд зи љумла офариниш моем" дар озмуни Осиё Намояндагони фарњанг ва адаби тољик дар озмуни байналмилалии сенарияњо аз рўи афсона, ривоят ва њаммосањои халќњои Осиё тањти унвони "Санъати афсонагўї" ѓолиб дониста шуданд. Ба озмун аз њама кишварњои Осиё 238 асар ворид шудааст ва ба гуфтаи Рањматулло Рањматуллоев, сухангўи вазорати фарњанги Тољикистон аз миёни ин њама шоњљоиза ба муаллифони сенарияи намоишномаи "Маќсуд зи љумла офариниш моем", ки ба ќалами Азим Аминов, адиб ва нависандаи тољик ва Олим Салимзода мутааллиќ буд, тааллуќ гирифтааст. Њамчуноне аз номаш пайддост, муаллифон сенарияи худро дар пояи рубоиёти оламгири Њаким Умари Хайёми Нишопурї тањия кардаанд ва фаласафаи баланди асар аз назари доварони озмун дур намондааст. Рањматулло Рањматуллоев њамчунин гуфт, ки дар ин озмун Садрї Умар, шоир, нависанда ва драматурги

тољик бо сенарияи филми њунарии "Чамбули мастон" ѓолиб дониста шудааст. Садрї Умар солњои пеш низ бо ду сенарияи љолиб бо номњои "Гурзод" ва филми њунарии "Тифле дар чанголи уќоб" дар ин озмун ширкат карда ва љои аввалро гирифта будааст. Озмуни "Санъати афсонагў" се сол пеш бо ташаббуси Вазорати фарњанг, варзиш ва туризми Љумњурии Корея дар њамкорї бо Вазорати фарњанг, иттилоот ва туризми Љумњурии Ќазоќистон, Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, Вазорат оид ба корњои фарњанг ва варзиши љумњурињои Ќирѓизистон ва Ўзбакистон ташкил шудааст ва њадафи асосии он дарёфти асарњои сањнавии дорои арзишњои баланди фарњангї ба хотири тањкими њамкорињои кишварњои Осиё дар љодаи санъати театрї ва филмофарї мебошад. Дар ду соли аввал шоњљоиза насиби Љумњурии Ќирѓизистон барои филми њунарии "Ашки духтари љасур" ва Љумњурии Ўзбекистон барои сенарияи филми њунарии "Алпомиш" шуда буд. Рањматулло Рањматуллоев дар суњбат бо "Рўзгор" гуфт, ки ин озмун соли оянда низ идома мекунад ва даври нињоии он дар шањри Душанбе баргузор мешавад.

Дар мактаб мутахассисони љавони соњаи дастхатшиносї зиёда аз 40нафар донишљўро фаро гирифт. Онњо дар давоми тањсил бо илми кодикология аз наздик шинос шуда, муњимоти ин илмро аз устодони ботаљрибаи фаронсавї Франсис Ришар ва донишманди итолиёвї Мишел Бернардинї аз худ намуданд. Устод Ришард Фишер соли дуввум аст, ки ба шањри Душанбе ташриф оварда, таљрибаи солњои зиёд андўхтаи худро ба аспирантон, олимони љавон ва мутахассисони дастгоњњои марбута меомўзанд. Ба онњо нозукињои илм, аз ќабили тавсифи дастхатњои шарќї, хусусиятњои хоси дастхатњои шарќї ва ањамияти онњо, нигоњдории онњо, усули истифодабарии дуруст ва ќироати босамар, фењрастнигорї, таърих ва шеваи тозаи фењрастнависї, вазоиф ва тавсифи дастхатњо, соњањои библиографї ва кодикологии тавсифњо, нусхањои хаттии Осиёи Марказї, мактаби минётурї ва тазйини дастнависњо, анвои хат, анъанањои китобсозї таълим дода шуд. Донишомўзон дар бораи музей ва китобхонањо, намоишгоњњо, нигоњдорї ва тармим, асноди бойгонї, фењрасткунонии аснод бо истифода аз воситањои электронї маълумоти зиёде ба даст оварданд. Устод Франсис Ришар њангоми ба Тољикистон ташриф оварданаш ба Китобхонаи Миллии Тољикистон ва Институти забон, адабиёти Шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ ду љилди бузурги каталогњои нусхањои хаттии дар Пориж нигоњдоримешударо њадя намуд, ки дар он 1000 нусхаи хаттии бо забони тољикї таълифшуда тавсиф карда шудаанд. Акнун шарќшиносон, мутахассисони соњањои таърих, адабиёт ва шарќшиносї метавонанд аз ин нусхањо маълумотњои зуруриро пайдо намоянд. Мањмадёри Шариф, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хатии АИ ЉТ

Дањ варзишгари бењтарини сол муайян шуд Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон (АЖРВТ) дар натиљаи як назархоњии хабарнигорони соњаи варзиш дањ варзишгари бењтарини соли 2013-ро эълон кард.

Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ мегўяд, барои муайян кардани бењтарин варзишгарони сол дар назархоњї 75 хабарнигор, ки дар воситањои ахбори омма кор мекунанд, иштирок карданд ва дар пурсишнома њамагї 29 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, ном бурдаанд. Аммо Нарзулло Латифов мегўяд: "Мутаассифона ягон варзишгари Тољикистон соли 2013 дар мусобиќоти ќањрамонии љањон дар навъњои олимпї медал ба даст наовардааст". Бар асоси ин назарсанљї гурзандози шинохтаи тољик Дилшод Назаров бењтарин варзишгари сол эътироф шудааст. Дилшод

www.ruzgor.tj

Назаров имсол дар мусобиќоти байналмилалї оид ба варзиши сабук аз силсилаи "IAAF World Challenge" дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ў дар ин мусобиќа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр њаво дод, ки ин натиља рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиќоти байналмилалист. Вай дар чунин мусобиќа дар Бразилия низ медали тилло ба даст оварда буд. Инчунин Ў дар мусобиќоти байналмилалии "Seiko Golden Prix" дар Љопон бо медали нуќра сарфароз гашт. Дилшод Назаров дар мусобиќоти ќањрамонии љањон дар Маскав ба даври нињої роњ ёфт ва бо натиљаи 78 метру 31 сантиметр дар байни панљ нафар бењтарин гурзандозњои љањон љой гирифт. Бояд гуфт, ки ин бењтарин натиљаи имсола миёни варзишгарони Тољикистон дар чемпионати љањон байни бузургсолон дар намуди олимпист. Њамчунин Дилшод соли равон дар Њиндустон боз ба унвони ќањрамони Осиё даст ёфт. Ў ягона варзишгари Тољикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии медали тиллоро соњиб шудааст. Дилшод Назаров њамагї 31сол дошта, моњи марти соли равон дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тољикистон интихоб шуд. Баъд аз Дилшод Назаров ба рўйхати 10 варзишгари бењтарини сол-2013 Комроншоњи Устопириён, пањлавони шинохтаи тољик дохил шуд. Комроншоњ моњи декабр соли равон дар

e mail: info@ruzgor.tj

Чемпионати Љањон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба љуз гуштии кураш вай имсол боз дар ду намуди гуштин - самбо ва дзюдо ба натиљањои баланд ноил шуд. Комроншоњи 20-сола дар мусобиќаи ќањрамонии љањон дар риштаи самбои варзишї байни мардон дар вазни то 90 кило дар СанктПетербург бо медали биринљї сарфароз гашт. Вай дар Универсиадаи љањонї дар Ќазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кило барандаи медали нуќра гардид. Инчунин дар мусобиќаи ќањрамонии самбои љањон байни нављавонон дар Юнон пирўз шуд буд. Ѓайр аз ин Комроншоњи Устопириён њамчунин дар ду даври мусобиќоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар шањрњои Алмаато ва Тошканд ду медали биринљї ба даст овард. Ин пањлавони тољик дар Љоми Аврупо оид ба дзюдо байни нављавонон, ки дар дар Киев баргузор гардида буд, бо медали тилло ба ватан баргашта буд. Ба рўйхати дањ варзишгари бењтарини сол 2013 варзишгарони зерин шомил шудаанд: Алишер Ањмадов - ќањрамони љањон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринљї дар мусобиќаи ќањрамонии љањон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булѓористон дар раќобатњои инфиродї

ruzgor@mail.ru

дар вазни то 57 кило ва дар њисоби дастаї байни мардон дар машќњои маљмўї; Саидљалол Саидов - ќањрамони љањон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 81 кило дар Туркия ва барандаи медали нуќраи Бозињои осиёї дар иншооти сарпўшида ва њунарњои размї дар Кореяи Љанубї; Искандари Рустам - барандаи медали нуќраи чемпионати Осиё оид ба гуштии озод дар вазни то 96 кило дар Њиндустон; Наврўз Љафоев - барандаи медали нуќраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кило дар Урдун; Абдуазим Бойназаров - барандаи медали нуќраи Универсиадаи љањонї дар Ќазон дар риштаи гуштии камарбандї дар вазни то 68 кило; Зўњро Холова - барандаи медали нуќраи чемпионати љањон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кило; Мењрангез Алиева - барандаи медали нуќраи чемпионати љањон оид ба таэквондо ИТФ дар машќњои маљмўї миёни занон дар Булѓористон; Акмал Ќодиров - барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонї дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд. Ибодуллоњи Тоњир, "Рўзгор"


www.ruzgor.tj

Њисоби рўзгор

призмаи математика гўем?) ба рўзгор нигариста онро њамчун усули дарки воќеоти рўз истифода намояд. Ваќте мегуянд "Чуќур фикр кун" (масалан падар ба писар, ё муаллим ба толибилм) он мулоњизаи солиме дар назар аст, ки мантиќи солим дорад. Боз мегуям, ки фарќ карда тавонистани дуруѓро аз њаќиќат, хаёли хомро аз мулоњизаи солим ба одам математика меомўзад. Акнун бармегардем ба сари он писаре, ки аз надонистани математика журналист ё таърихчї шуданист. Ў бояд донад: бартарї ва афзалияти математика он аст, ки фанни универсалист ва дар њамаи соњањо ба кор бурда мешавад, чи дар таърих, чи дар адабиёт ва чи дар журналистика...зеро барои математика исбот ва мулоњизаронии ба њаќиќат наздик лозим аст. Акнун тасаввур кунед ки таърихчї далелњои ба њаќиќат наздик ва сањењ пешнињод намекунад, оморшинос факту раќамњои реалї надо-

№30 (030) 25 декабри соли 2013

7

созанда, яъне эљодї бошад, бе донишу фањмиш ва тафаккури математикї мутлаќо номумкин аст. Бинед, на танњо аксари китобњою дастурњо, балки газетаю журналњо имрўз пуропури хатоњои мантиќист.Чаро? Мантиќ мелангад, маданияти тафаккури бештари муаллифон дар сатњи лозимї ќарор нагирифтааст. Маданияти тафаккури математикї бошад асоси маданияти умумї, ќисми људонашавандаи умуман маданияти инсон ба шумор меравад. Аз ин рў имрўз дар мактаб ба муаллими математика, умуман муаллимони илмњои даќиќ ањамияти махсус медињанд. -Аз сўњбат бо Шумо кас то кадом дараља илми гуманитарї, одамдўст будани математикаро баръало эњсос менамояд, зеро математика илмест дар бораи тартиб. Мо, ки илми тартибро душвор њисобида аз дурї мељўем, бешубња бо њар ќадаме, ки бо он аз ин фанн дур мешавем, њамон

МАТЕМАТИКА, МАКТАБ ВА РЎЗГОР Бетартибї ва бесарусомонињо нишонаи надонистани математика аст Сафаралї Раљаб, махсус барои "Рўзгор" -Ба фикри Шумо устод сўњбати мо бояд аз чї њусни оѓоз ёбад? -Аз раванди математизатсияи љамъият, математикунонии соњањои њаёт масалан... (пауза)... шарњ медињам. Математизатсия (математикунонї) мисли устура ё забон ва ё мусиќї яке аз намудњои ќадимтарини фаъолияти башарї мебошад ки дар он талошњои одамї барои ба даст овардани тарњи тозаву тари руњи инсон,бењтару ќавитар кардани он акси худро ёфтааст. Имрўз ки бо математизатсия њамаи донишњои чи назариявї ва чи амалии мо бояст фаро гирифта шаваду компютерикунонии њамаи соњањои фаъолияти инсонї, (инчунин раванди тањсил) дар ављ аст, дар инкишофу пешрафти љамъияти асри навин математика чун дар асрњои пасисаргашта наќши калидї дорад ва хоњад дошт. Инкишофи њаёти љамъиятї ќонуниятњои худро дорад. Бинед садњо њазор њамватанони мо дар хориља ба корњои ба истилоњ "сиёњ" машѓуланд.Чаро? Зеро математика, донишњои математикї (донистани он дар сатњи њадди аќќал-минимум) мутлаќо ба њама зарур аст,чи ба зиёї ва чї ба коргар.Дур шудан аз ин фан,ё умуман фанњои даќиќ маънои рў тофтан, даст кашидан аз истифодаи он лавозимотњою имкониятњоест, ки техникаи њозиразамон барои инсон муњайё кардааст. Агар мардикорњои мо, ки берун аз њудуди Тољикистон фаъолияти мењнатї доранд математикаро аќаллан дар њадди аќал медонистанд, бо белу љоруб камтар кор мекарданду имкониятњои ба даст овардани ризќу рўзии худро бештар менамуданд. Забони табиат, ки аз беэњтиётию нотавонї мо, оламиён, онро нисбатан хароб кардаем, инчунин забони техника (таљњизоту асбобњои њозиразамон) забони математика ба шумор меравад. -Аз математизатсияи љамъият чунон бо эњсос гап мезанед, ки мутахассиси тиб бо чунин оњанг нисбати диспансеризатсияи ањолї гап мезанад. -Мутахассисони тибро масъалаи саломатии инсон ба ташвиш меорад. Бовар кунед, математизатсия аз диспансеризатсия њељ фарќе надорад, агар њадафи дуюмї саломатии љисмонии инсон бошад, яке аз њадафњои асосии якумї-яъне математизатсия-њамќадам будан бо замони муосир ва солимии фикру андешањои инсон аст. Дар ин кори басе муњим ва масъулиятнок њамаи намояндагони ќишрњои љамъият вазифадоранд сањмгузор бошанд.Љамъият бояд ба њар як аъзои худ, хосса ба њар як љавон он ахбореро, ки инъикоскунандаи мафњумњо,идеяњо ва усулњои математикист, пешнињод созад, то алалхусус љавонон минимум-њадди аќали фањмиши математикиро доро бошанд.Чаро? Маќсади нињоии омўзиши асосњои математика имруз барои аксарият маънои ёд гирифтани мулоњизаронии солим, андешаронии бомантиќ, инчунин нуќтаи назари худро дурусту фањмо баён карданро дорад. Дар њама бозёфту комёбињои тамаддуни имрўзаи башарї идеяњои математикї баръало дида мешаванд (онњо доимоамалкунандаанд) ва ин

Ин мавзўъ шояд бархеро ба андеша орад: "Чи рабту чи муносибат байни илми даќики математика-формулањо, айниятњову баробарињою муодилањо ва љомеаю рўзгор,ё худшиносию маданият?" Ман њам аз ин хусус кам андешаронї мекардам, то оѓози сўњбати аљиб бо донишманди маъруфи рўзњои мо, математики шинохтаю эътирофшуда, дотсент, номзади илми математика, мўњтарам Асадуллоњи Шарифзода - устоди Донишгоњи Миллии Тољикистон. Хушбахтона, баъди сўњбат равшанам шуд, ки дар умќи гуфтањои зери вазири маориф-Нуриддин Саидов чї маънињое нињон будааст: "Љомеаи љањонї имруз моил ба омўзиши фанњои даќиќ аст. Тафаккури љомеаи мо ки характери гуманитарї дорад, аз ин љињат ниёз ба дигаргунї дорад"

њаќиќати бебањс, яъне аксиома аст. Бењуда нагуфтаанд ки "Математика бетартибињоро ба сомон медарорад, аблањиро решакан мекунад, чигилњоро мекушояд, "њаром"-ро аз "њалол" људо мекунад, услубњоро љилои тоза медињад" (Жабр А.). -Сўњбате ки мо бо Шумо оростаем, рости гап, ба хотири љалб намудани таваљљуњи хонандагон ба он бесару сомонињоест, ки мутаасифона, дар рўзгори мо ба чашм мерасанд. Аз сарсухани пурмуњтавои шумо метавон хулосабардорї намуд, ки њамчун математик, њамчун олим Шумо реша ё сарчашмаи бесарусомонињоро хуб медонед. -То як андоза. Масалан, дур нарафта метавон гуфт, ки дар бисёр оилањо писаре ё духтаре метавонад чунин гўяд: "Ман математика ё химия ё физикаро намефањмам, дўст намедорам...бењтараш таърихчї ё адабиётшинос мешавам" Ё шоире ќофиядон асту шеърњои зиёде навишта ба чоп мерасонад, аммо чун Лоиќ ё Бозор Собир шуњратёр намегардад. Ин чї сир дорад? На ин фарзанд ва на он шоир соњиби маданияти математикї нагаштаанд.Оё ин лозим аст? Албатта.Арзиши маданї ё маърифатии математика дар он зуњур меёбад, ки имкониятњои аќлонию зењнии моро кушода, дар нињоди мо он боварї ва љуръатеро тавлид месозад, ки дар фаъолияти њаррўзаи мо чун обу њаво заруранд. Ин фанн одамро ба кушодани сирру асрорњо ё кушодани гирењу чигилњои кору зиндагї њавасманд сохта ба ў неруи зењнї мебахшад.Аз њама муњимаш ин аст, ки математика истодагарї, љидду љањд, маќсаднокї, эљодкорї, мустаќилият, масъулият, мењнатдўстї, интизом ва тафаккури танќидиро таќозо менамояд.Њамаи ин хислатњо ба тарбияи тафаккури мантиќии инсони муосир таъсири мусбат расонида ўро њамчун шахси бофарњангу маърифатноки љомеа ба воя мерасонад.Он бесарусомонињое, ки имруз дар рўзгори мо ба чашм мерасанд, мукаммал ва дар сатњи зарурї набудани он сифатњои инсон аст, ки дар боло онњоро ќайд кардем. Математика ин илм дар бораи тартиб аст. Тартиб бошад чизи асосист. Агар дар зењн, фикр, андеша, тартиб набошад, магар дар фаъолияти амалї тартиб шуда метавонад? Албатта не. Охир мо бењуда математикаро гимнастикаи аќл намегуем-ку? Донистани моњияти математика дар рўзгор чи ањамият дорад? Одам метавонад аз мўрии математика (ё тавассути

рад, журналист - андешањои пуч ба омма пешнињод мекунаду фикраш ё аќидаашро исбот намесозад, ё далелу мулоњизањои њуќуќшинос аз њаќиќат дур аст... Пас чи гуна метавонед гўед, ки ў таърихчї, ё журналист ё њуќуќшиноси њаќиќист? -Дар мавриди шоир чї гуфта метавонед? -Оне ки санъати исбот намуданро дар мактаб ёд нагирифтааст, мулоњизаи солимро аз андешаи хом фарќ карда наметавонад. Аз ин одам мутахассиси хуб намебарояд. Аз математики машњур Д.Гилберт нисбати яке аз шогирдонаш пурсон шуданд ва ў чунин посух дод: "Он шогирдам фантазияи беш надошт, барои њамин аз ў математик набаромад, шоир шуд"Математикаро фанни "хушк"у сард номидан нашояд,зеро дорои захираи бои ќувваи эстетикї низ мебошад. Шоирони њаќиќї мисли математикњои њаќиќї дар њама давру замон камчин буданд. Барои шоири њаќиќї чунин сифатњои математикї аз ќабили даќиќият, (аниќии баён), возењияти идрок, ифодаи аниќу амиќ бегона нест. Ба аќидаи Эдгар По њар ќадаре истеъдоди шоир табиати математикї дошта бошад, ў њамон ќадар боистеъдодтар аст. Бозор Собир, ки дар оилаи математикњо ба воя расидааст, дар шеърњояш на танњо амиќияту даќиќияти образњои лирикї, балки гармонияи аљиб, (гармония низ мафњуми математикист), мантиќи рушану фањмо дида мешавад ва ўро њамчун шоир халќ эътироф мекунад.Умуман математика ва шеър ё зебої ин мавзўи алоњида аст. -Набошад биёед аз алоќаи математика бо мактаб, инчунин аз маданияти тафакури толибилмони имрўза гап занем. -Барои чї не, ин мавзўи хеле аљоибу актуалии рўз аст. Бинед имрўз моро сатњи мулоњизаронию дониши аксарияти шогирдон ќонеъ намекунад. Барои чї? Баъди оѓози бозсозї солњои 80-уми асри гузашта агар дар хотиратон бошад ќисми зиёди љавонон бо таќозои ваќту замон ба бозору фўруш часпида аз китобу китобхонї, умуман илмомузї дар канор монданд. Ин касалии натанњо хоси Тољикистони мо буд. Акнун мо муаллимон бо фарзандони њамон љавонон дар мактабњо сару кор дорем ва инро дар фаъолияти њаррузаи худ ба хубї эњсос мекунем. Ба болои ин сарвари давлат, љаноби олї дар назди мо вазифаи мушаххаси тарбия ва ба воя расонидани наслеро гузоштааст, ки дорои тафаккури созанда бошад. Инкишофи тафаккури

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

ќадар ба бетартибї сахттар мечаспем. -Бесарусомонию бемаданиятї аз надонистани математика оѓоз мегардад. маданияти математикиро ба љамоа, махсусан ба толибилмони мактабњо бояд дар сатњи лозимї омўхт (тартиб чи дар рузгор, чи дар корубор, чи дар рафтору кирдор, чизи зарурист) вагарна дар оянда мо соњиби насле мешавем, ки дар маданияту худшиносии онњо лакнату норасињо љой хоњанд дошт. Математика танњо дар заминаи зарурияти омўзиши табиат ба вуљуд наомадааст. Вай дар инкишофи пурсамари бисёр соњањо сањми арзанда мегузорад. Масалан назарияи ахбор, ё назарияи матрисањо ё наќшандозї (алгоритмњо)-ро дар статистика, лингвистика, умуман иќтисодиёт гиред. Ё истифодаи усули моделиронидани математикї дар илмњои иљтимої, махсусан дар соњаи маорифро гиред. Њамаи ин далели он аст ки математика дар омузиши инсон, умуман љамъияти инсонї сањми арзанда дошта метавонад. -Шуморо њамчун муаллифи китоби математика низ мешиносанд. Умуман дар хусуси китобњои чї мактабию чї илмию оммавии ба математика наздик чї гуфтанињо доред? -Мутаасифона, мо солњои шуравї имконияти навиштани китобњои илмию оммавиро махсусан дар соњаи математика камтар доштем. Ваќте солњои 80-ум зарурияти навиштани чунин китобњо ба миён омад, аввалин китоби математикии барои доираи васеи хонандагон, барои одамони касбу корњои мухталиф навишташуда бо ташаббуси ману марњум доктори илмњои математикї Камолиддин Бойматов бо унвони "Масъалањои шавќовари мантиќї" бо тавсияи вазорати маориф пайдо шуд. Хушбахтона имруз ман дар ин самт баъзе корњоро анљом дода истодаам.Чанд китобам ба нашр расид. Инчунин болои стандартњои нави математика кор карда истодаем, њамчун аъзои комиссияи чопи китобњо дар Вазорати маориф низ фаъолият мекунам. Умуман корњои зиёде дорам. -Мебинам, ки Шумо гуфтанињои зиёде доред, вале дар доираи як суњбат ѓунљонидани њамаи мулоњизањои Шумо корест ношуданї. Бо њамин хотир ба Шумо миннатдории худро баён сохта умед бар он мебандам, дар оянда низ чунин суњбатњои муфид хоњем дошт -Албатта, бо камоли мамнуният!

www.ruzgor.tj


8

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Рўзгори њунарманд

www.ruzgor.tj

Нуруллоњ Абдуллоњ:

боис гардида, ки Нуруллоњ Абдуллоњ чун яке аз бомањораттарин њунармандони мо ташаккул ёбад? - Касби актёрї бо хондан намешавад. Яъне устод фаќат метавонад ин ё он роњи ба сањна баромаданро аз рўйи таљрибаи худ ба ту нишон дињад. Аммо чун истеъдод, њунар дар ботини кас набошад, ягон устод аз ту актёр сохта наметавонад. Њунарманди бењамтои мо Ато Муњаммадљонов дар ягон љо хондагї набуданд. Умуман ташкилкунандагони театри бонуфузи Лоњутї, чї Аслї Бурњонов, чї Муњаммадљон Ќосимову Миркарим Саидов њамагї саводи махсуси актёрї надоштанд. Ягона чизе ки онњо доштанд, ин истеъдодашон буд. Дар актёрї аз њама муњим эътирофи тамошобин аст, ки пул дода, чипта харидаву ба театр омадааст, то њунари ин ё он њунармандро бинад ва бинандаро танњо њунари воло ба ваљд оварда метавонад. -Шумо драматург њам њастед. Ба ин љода чї гуна омадед? -Дар ин росто он илме, ки ман аз устодонам њангоми тањсил дар факултаи за-

поии Иттифоќи Советї буд ва фарњанги онњо њам дар њаќиќат фарњанги аврупоист. Феълу атвори мардуми Русия ба халќњои Осиё монандї дорад. Лекин онњо ба ин чиз сањлангорї карданд ва аз њамин љињат њам филм муваффаќият наёфт. Дар театр бошад ин чизи бисёр хуб буд. Мо бо ин намоишнома тамоми љумњурињоро гашта будем ва дар њама љо онро фаќат таъриф мекарданд. Њозир ин филмномаро ќазоќњо гирифтанд ва аз рўйи он филм месозанд. Фаќат онњо дар наќши асосї образи марди тољик на, балки як марди ќазоќро мемонанд. Ин албатта бо розигии ман аст. -Устод чун сари драматургия сухан овардед, ман посухи як суоли дигарро аз Шумо пурсиданї њастам. Нуруллоњ Абдуллоњро мардум аз рўйи ќиёфа, суханронї, барномаи телевизионии "Беѓараз панд" ва образњои бисёре, ки дар театру синамо офарида, чун як нафари бисёр љиддї мешиносанд. Аммо дар драматугрия дар бисёр марвид даст мезанед ба њаљву танз. Сабаби ин дар чї бошад? - Ман ба драматургия барои он ома-

"Њунари Мањмуд Воњид маро

ба сањна овард" Њ

дам, ки њис мекардам њамин фазо холї аст. Яъне мо драматурги касбї надорем, ки њам аз театру њам аз адабиёт хуб бохабар бошад. Бештари драматургони мо ягон воќеаро мегиранд ва онро ба сањна мегузоранд. Ба њаљв омаданам низ айнан њамин

унарманди халќии Тољикистон Нуруллоњ Абдуллоњ яке аз маъруфтарин њунармандони театру синамои мост. Хонандаи "Рўзгор" ўро бо образњои зиёди дар театру синамои кишвар офаридааш хеле хуб мешиносад. Устод Нуруллоњ Абдуллоњ ба муаррифї эњтиёљ надорад. Ў дар филмњои машњуре амсоли "Боз як шаби Шањрзод", "Дом барои шаѓолон", "Дарди ишќ", "Дар орзуи падар" ва дар спектаклњои зиёде наќшњои асосиву марказї офаридаву дили њазорон њаводорони санъати тољикро бо њунари зебояш мафтун карда. Хабарнигори "Рўзгор" Бањман ин навбат ба суњбати актёр, драматург, коргардон ва узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон устод Нуруллоњ Абдуллоњ рафт ва бо ў мусоњибае орост, ки онро манзури Шумо мегардонем.

-Шумо пеш аз он ки биёед ба љодаи актёрї њуљљатњоятонро ба факултаи забон ва адабиёти тољики Донишкадаи омўзгорї супоридаву онљо соле тањсил њам доштед. Чї чиз шуморо такон дод, ки аз адабиёт баргардед ба самти њунар? - Дар асл инљо њатто калимаи такон њам ба дард намехўрад. Зеро орзуи ман аз худи аввал њамин касби њунарпешагї буд. Вале мутаассифона, дар Душанбе ин имконият набуд, ягона донишгоњи театрї-ГИТИС дар шањри Маскав буд ва њар сол як гуруњ бачањои тољик дар инљо имтињон месупориданду баъд барои тањсил ба Маскав мерафтанд. Ман аз ваќти ќабул, мутаасифона, њамон сол дер мондам. Аз ин рў оварда њуљљатњоямро ба Донишкадаи омўзгории ба номи Шевченко супоридам. Баъд дар онљо тањсилро оѓоз кардам ва баробари он дар театри Лоњутї ба њайси коргари сањна ба кор даромадам. Баъди ду сол хондани ман дар њамон донишкадаи омўзгорї факултаи санъат кушода шуд ва ман њуљљатњоямро гирифта, ба ин факулта суопридам. Гуфтанд, ки ту бояд имтињонњоро аз сари нав супорї. Имтињонњоро суопридам ва дар комиссияи ќабул чун номи маро гирифтанд, ба љойи ман Нуруллоњ Абдуллоеви дигар аз љой хест. Аъзои комиссияи ќабул ба ман гуфтанд, ки ту нагузаштї, ин гузашт. Баъди як сол ман боз омадаму супоридам. Ин навбат ваќти азназаргузаронии њуљљатњо гуфтанд, ки маълумотномаи аз љойи истиќомат гирифтаи ту куњна аст. Ман кори театрро њам партофтаму рафтам ба фабрикаи бофандагї ва дар онљо ба њайси монтёр ё худ устоди барќ ба кор даромадам. Давоми як сол дар фабрика кор кардам ва соли дигар боз рафтам. Тамоми имтињонњоро бо бањои аъло супоридаму маро ќабул карданд, аммо як моњ тањсил наму-

www.ruzgor.tj

даму маро ба сафи Ќуввањои мусаллањ даъват карданд. Ман баъди хизмат омада, хонданамро давом додам дар факултаи санъат. Дар дипломњои мо њам навишта шудааст, ки ба факултаи санъати Донишкадаи ба номи Шевченко дохил шуд ва Донишкадаи њунарњои зебои ба номи Турсунзодаро хатм кард. Яъне факултањои санъат ва тарбияи љисмонии ин донишкадаро гирифта, ба ду донишкадаи алоњида табдил дода буданд. -Яъне ин монеъањои оѓози сари роњ буданд, ва Шумо ба хотири ишќи санъат њамаи онњоро паси сар гузоштед. Пас мењри театр чї гуна дар ќалби Шумо рў зада буд? -Он замон дар синфи њафтуми мактаби миёна барои комсомол шудан ба маркази ноњия омадан даркор буд. Мо бояд аз дењаяки дурдасти Лучоб барои гирифтани билети комсомолї ба маркази ноњияи Ленин (њозира Рўдакї) меомадем ва аз кумитаи комсомоли ин ноњия билетњои худро мегирифтем. Ва њамон мошини боркаше, ки мо бачањоро меовард, хушбахтона дар назди чойхонаи "Роњат" вайрон шуд. Ва мо њамон шабу рўз дар театри тобистона, ки њоло онљо театри раќси "Падида" фаъолият дорад ва он њам як ќисми театри Лоњутї буд, намоишномае нишон медоданд. Дар он намоишнома Мањмудљон Воњидов наќш иљро мекарданд. Ин аввалин намоишномае буд, ки ман дар театр тамошо кардам. Он ваќт худи телевизион њам моли камчин буд. Ва ин намоишнома он ќадар дар дили ман љой гирифт, ки баъди ин ман худам дар кружокњои њаваскорї, ки дар мактаби мо буд, намоишномањо ба сањна гузорам. -Муњобот намешавад, агар бигўем, ки имрўз Шумо аз њунармандони боистеъдоди театру синамои мо њастед. Чї омил

e mail: info@ruzgor.tj

бон ва адабиёти Донишкадаи омўзгорї гирифта будам, ба ман хеле кор дод. Аз рўйи он чанд песае, ки ман навиштам, мунаќќидон њам худашон инро эътироф карданд, ки ман њам сањнаро хуб медонам ва њам адабиётро. Агарчї дар драматургия њам истеъдод дар љойи аввал аст. Аввалин песаи ман "Куњистонї" ном дошт. Ин намоишнома њамагї ду ќањрамон дошт. -Ва сенарияи филми маъруфи "Куњистонї" њам аз рўйи њамин песаи Шумо тањия шуда буд? -Бале аз руйи њамон филм гирифтанд, вале дар филм он чизњое, ки гуфта мешуд, ё он чизњое ки ба бинанда кушода дода мешуд, аз тарафи синамогарон гуфтаву кушода нашудааст. Дар ин песа њадаф рўбарўгузории ду маданият аст: фарњанги азалии Шарќ ва фарњанги Аврупо. Дар инљо задухўрди ду фарњанг нест, балки бањамгузорї, ки њар кадоми онњо то чї андоза њурмат мекунанд фарњанги ѓайрро. Дар асл воќеаи хеле оддист. Як зане, ки аз Аврупо омадааст, бо дањмардае шинос мешавад ва… -Аммо дар филм зан аз Аврупо на, аз Русия аст… -Ваќти тањияи филм ман аз синамогарон хоњиш кардам, ки аз Русия њунарпешаи наќши занро интихоб накунед, чунки онњо аврупої нестанд. Воќеаро ман тасвир кардам дар Литва. Ин кишвар маркази авру-

ruzgor@mail.ru

сабабро дорад. Яъне ки мо њаљву њазлро ба њамдигар меомезем. Мо аз њамин чиз бехабарем, ки њазл ин њамагї њазл ё шўхї аст, аммо њаљв ё худ сатира њадаф дорад. Хорњое дорад, ки ба љомеа бояд халад. Иллатњои љомеаро бояд инъикос карда тавонад. Ман њозир китоберо тайёр карда истодам бо номи "21 танзи асри 21". Аз ин њунарпешањо метавонанд истифода баранд, чї хеле ки њаљвнигорони рус ба монанди Задонову Петросян монологхонї мекунанд. Ин китоб айнан дар њамон равия навишта шудааст. Лекин вай њам сатира аст. Мардум њатто аз гўш кардани ин гуна монологњо мењаросанд. -Мардум аз гўш кардан метарсанд? Нафањмидам, чї гуна? -Агар дар хотир дошта бошед, як ваќт Петросян ба Душанбе омада буд. Ман дар он консерт иштирок доштам. Кор то ба он дараља расид, ки Петросян ба мардум мегуфт, ки: "Мардум, ман чизи хандаовар гуфтам, шумо хандетон!" Лекин ин бечорањо аз хандидан метарсанд. Фикр мекарданд, ки агар њозир ман хандам, фалонї рафта ба дигаре мегўяд, ки њамон мардак чизи сиёсї гуфту ин хандид. Бинобар ин њама мардум хомўш гўш карда шиштанд. Ана дараљаи тарси мо то чї њад аст? (Идома дорад) Суњбати Бањман, «Рўзгор»


Ташвиши рўзгор

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

9

"Гуфтугўи тамаддунњо":

"Талафоти љонии љанги шањрвандї даќиќ шавад"

Профессор Иброњим Усмонов чун њардафъа ин бор њам дар мањфили зебои хеш "Гуфтугўи тамаддунњо" нафареро гули сари сабади маљлис интихоб кард, ки дар њаќиќат гуфтанињои зиёде дар дил дошт ва ќисматеро њам аз онњо дар миён гузошт. Мањмадалї Њаит бешубња аз љумлаи шахсиятњои таърихии даврони соњибистиќлолии Тољикистони азиз ба шумор меравад. Аслан агар аниќтар дар ин бора андешаронї кунем мебинем, ки номи ў дар даврони шўравї, нимаи дуюми солњои 80-ум њамчун журналисти шинохта ва баъдан яке аз фаъолони созмони мардумии "Растохез" миёни ањли зиё ва эљодкорони кишвар пайдо шуд ва маъруф гардид. Баъдан ваќте бо эълон шудани истиќлолияти давлатї муборизањои сиёсї дар кишвар ављ гирифтанд, баръало айён буд, ки ў дар сангари мухолифони њукумат аст.

Султони Њамад, "Рўзгор" Мардуми оддї ўро њамчун яке аз сухангўёни майдони "Шањидон" ва барандаи барномањои љамъиятиву сиёсии Телевизиони Мардумии Тољикистон, ки замоне дар ихтиёри мухолифони њукумат ќарор гирифта буд ва баъдан минбари Њукумати мусолињаи миллї ба њисоб мерафт, мешинохтанд. Љанги шањрвандї дар кишвар ўро низ мисли садњо њазор шањрвандони мамлакат аз хонаву дараш људо намуд ва ў иљборан ба Афѓонистон њиљрат кард. Дар Афѓонистон ба рањбарияти Иттињоди Неруњои Оппозитсиюни Тољик пайваст. Яке аз асосгузорони радиои мухолифин дар хориљ аз кишвар "Садои Тољикистони озод" буд ва баъдан дар Ситоди Марказии Артиши Нањзати Исломии Тољикистон фаъолият мекард. Ў азљумлаи нафароне буд, ки дар мулоќоти таърихии сарони ду љониби даргири Тољикистон Эмомалї Рањмон, Президенти мамлакат ва шодравон Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари ИНОТ дар Хустдењи вилояти Тахори Афѓонистон иштирок карда буд ва шоњиди бевоситаи ба имзо расидани санади сарнавиштсози "Протокол дар бораи танзими авзои њарбиву сиёсии минтаќањои доѓ" гардид. Санаде, ки баъдан тамоми тањлилгарону коршиносони масоили Тољикистон онро оѓози сулњ дар ин кишвари љангзада номида буданд ва имрўз њам аксаран дар њамин андешаанд. Шояд њамин нуктаи муњим бошад, ки профессор Иброњим Усмонов мавзўи љаласаи навбатии мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо"-ро "Мулоњизањо пиромуни Созишномаи Хустдењ" муайян кард ва аз Мањмадалї Њаит, ки феълан муовини раиси ЊНИТ мебошад, хоњиш намуд, ки дар чањорчўбаи њамин мавзўъ фикру андешањои худро изњор намояд. Мањмадалї Њаит дар аввал чанд сухане дар бораи зиндагиномаи худ гуфта сипас дар хусуси вазъи сиёсиву низомии њамон давраи Тољикистон ва чи гуна љараён доштани худи мулоќоти Хустдењ фикру андешањояшро иброз дошт. Баъдан дар бораи њайати баландпояи низомиву

сиёсие њарф зад, ки он бо маслињати рањбарони ду љониби сулњкунандаи Тољикистон таъсис ёфта буд ва дар њамин Хустдењ маслињат шуда буд, ки он чанд руз баъд ба Тољикистон эъзом шавад ва дар он љо нуктањои Протоколи Хустдењро ба њаёт татбиќ намояд. Ба гуфтаи Мањмадалї Њаит ин њайат рўзи 16уми декабри соли 1996 дар як чархболи њукуматї ба Тољикис-

фин талќин созанд ва онњоро водор ба иљроиши Протоколи Хустдењ намоянд. Баъдан Мањмадалї Њаит аз хусуси ба њаёт татбиќ шудани талабњои Протоколи Хустдењ ёдовар шуд. Ў аз љумла дар бораи чї гуна бе ягон шарту шароит аз љониби ин њайат озод карда шудани беш аз 100 нафар сарбоз ва афсари нируњои низомии њукуматро, ки дар набардњои 30-

тон омад ва дар ин љо муштаракан бо як њайати њукуматї тањти роњбарии Амирќул Азимов, Котиби Шўрои амнияти Тољикистон ба манотиќи тањти фармони муљоњиддин сафар карда шуруъ намуданд ба татбиќи Протоколи Хустдењ. Нахуст аз хусуси он њарф зад, ки чї гуна зарур омад ва зањматњо бар харљ додан лозим шуд, ки бархе аз фармондењони нируњои мусаллањи мухолифинро ба пазириши сулњ мутаќоид созанд. Ба гуфтаи ў нируњои мусаллањи мухолифин дар њоли пешравињо ба самти Ховалинг буданд ва онњо умуман намехостанд, ки дар чунин њолат љангро ќатъ кунанд ва сулњро бипазиранд. Вале ба њайати баландпояи сиёсии мухолифин дар якљоягї бо намояндагони њукумат, ки муштаракан фаъолият мекарданд, тањти миёнљигарии намояндагони низомии СММ муяссар шуд, ки паёмадњои фољиабори љанги шањрвандиро барои баќои миллат ва давлати тољикон ба зењни њар як фармондењ ва размандаи нируњои мухоли-

юми ноябр ва якуми декабри соли 1996 дар водии Рашт ба асорати нируњои мухолифин афтода буданд, ќисса карда сипас дар бораи њалли мушкилоти маќомоти мухталифи њукумат дар мањалњо дар масъалаи ба фаъолияти муќаррарї пардохтани онњо ибрози андеша намуд. Мањмадалї Њаит дар идомаи суханрониаш онњоеро, ки зидди ба њаёт татбиќ шудани нуктаву талаботи Протоколи Хустдењ буданд ва бо ин маќсад кўшишњои зиёдеро ба харљ доданд, аз ёд набурд. Ў аз љумла дар бораи гаравгонгирињои гуруњи терорристии Ризвон, ки аз охири соли 1996 ва аввали соли 1997 шуруъ карда дигар на ба њукумат ва на ба мухолифин итоат намекард, хеле муфассал ибрози аќида намуд. Сухангўи ин љаласаи "Гуфтугўи тамаддунњо" Мањмадалї Њаит дар хотима Худоро шукр кард, ки бо вуљуди мушкилоти зиёде, ки раванди сулњ дар рў ба рў худ дошт, хиради азалии мардуми тољик болои љањлу нодонї ѓалаба кард ва Созишномаи умумии

ruzgor@hotmail.com

сулњи деринтизор билохира бо мадад ва миёнљигари кишварњои зидахл дар ќазияи Тољикистон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї ба имзо расид. Аммо дар њамин њол ў гилагузорї низ кард, ки мутаассифона, дар матбуоти даврї, ба хусус расонањои њукуматї, ваќте сухан дар бораи хизматњои онњое меравад, ки дар барќарории сулњу субот сањм доштанд, арзёбї яктарафа, њамеша ба манфиати љониби њукумат, сурат мегирад. Бештар аз ин ваќтњои ахир дар ќиболи баъзе аз нафароне, ки дар барќарории сулњу суботи кишвар сањми худро гузоштаанд, аз тариќи расонањо тухмату бухтонхои зиёде карда мешавад. Дар ин мањфил атрофи суханронињои Мањмадалї Њаит бањсу мунозирањои зиёде сурат гирифт. Бархе аз иштироккунандагони ин њамоиш баъзе аз нуктањои ибрознамудаи Мањмадалї Њаитро зери шубња ќарор доданд. Масъалаи муњиме, ки дар ин љамъомад аз љониби профессор Иброњим Усмонов матрањ шуд, ин масъалаи то ба њол аниќ њисоб нашудани талафоти љонї дар љанги шањрвандии Тољикистон

Аз ин рў пешнињод шуд, ки ин масъалаи муњими њаёти иљтимої мавриди тањќиќоти маќомоти марбутаи њукумат ќарор бигирад ва натоиљи он расман эълон шавад. Ба фикри бархе аз ширкаткунандагони ин мањфил дар њоли њозир ин корро мешавад бе ягон харљи зиёдати тавассути ходимони љамоатњои дењот дар мањалњо анљом дод. Њанўз ваќт аст ва аксари шоњидони ин фољиаи мудњиши ба сари миллати тољик омада њанўз зиндаанд ва чунин як омори заруриро метавон ба даст овард. Дар хотима ёдовар мешавем, ки мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо"- и профессор Ибоњим Усмонов инак беш аз яку ним сол аст, ки фаъолият дорад. Маъмулан дар он моње як маротиба намояндагони ањли зиёи кишвар гирди њам омада суњбати яке аз шахсиятњоеро, ки дар мавзуъњои матрањшуда ворид њаст, шунида дар атрофи мавзуъ бањсу мунозирањое доир мекунанд. Суњбату бањсу мунозирањо бештар атрофи мавзуъњои доѓи рўз ва ба хусус мавзўи љангу сулњи тољикон сурат мегиранд. То имрўз дар ин мањфил шахсиятњое њамчун ака-

аст. Гуфта шуд, ки феълан дар матбуоти Тољикистон ва хориља низ нуќтаи назари ягонае дар масъалаи теъдоди ќурбониёни љанги шањрвандии Тољикистон вуљуд надорад. Бархењо онро 50 њазор нафар, иддае 100 њазор, баъзан 156 њазор нафар нишон медињанд. Аммо то ба њол маълумоти расмие дар бораи шумораи даќиќи њалокшудагон дар љанги шањрвандї вуљуд надорад.

демик Талбак Назаров, собиќ вазири корњои хориљ ЉТ, Гулрухсор Сафиева Шоираи Халќии Тољикистон, Давлати Усмон собиќ муовини сарвазири Њукумати Мусолињаи Миллї, собиќ муовини рањбари ИНОТ, Барзу Абдураззоќов коргардони маъруфи театр, Сайёфи Мизроб, сардабири њафтаномаи "СССР" ва дигарон ибрози фикру андешањои љолиб кардаанд.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


10

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Тиљорат ва рўзгор

www.ruzgor.tj

Ширкати "Умед-88" кулли мардуми шарифи Тољикистони азизро ба фаро расидани Соли нави милодї тањният мегўяд. Бигзор кору фаъолиятатон пешрав, зиндагиятон обод, дастархони Шумо лабрези нозу неъмат ва дар кошонањоятон дар ин фасли сармо гармиву њарорат ва тинљиву амонї њукмрон бошад. "Умед-88" њамеша ба он мекўшад, ки мушкилатонро осон карда бошад. Фаъолияти ширкати "Умед-88" дар соли 2014-уми милодї њам барои осон гардонидани мушкил ва хизмати арзанда расонидан ба Шумо равона карда мешавад. Соли нави милодї муборак!

ноташ мекўшад то ба њар васила барои мардуми кишвар нафъ расонида бошад. Дар зењни хонандаи азизи мо шояд суоле сар занад, ки нафъи як ширкати воридкунандаи сўзишворї ба кишвар дар чист? Албатта, суоли бамаврид. Њар ширкате, ки новобаста аз шакли фаъолияташ ба воридоти ин ё он мањсулот ба кишвар машѓул аст, бояд њамеша мањсулоти дорои сифати хубро ба кишвар ворид кунад. Зеро аввалин нафъи ширкатњои воридкунанда ба халќу миллат ин ба ќаламрави Тољикистон даровардани мањсулоти воќеан босифат мањсуб меёбад, ки истифода аз он барои пешбурди зиндагї ба њамватанон мусои-

"УМЕД-88"-- ШИРКАТЕ БО ИЌДОМЊОИ НАЉИБ Ширкати "Умед-88" на танњо сўзишвории босифатро ба муштариёни дастрас мекунад, балки њамчунин дар рўзњои љумъа ва идњои суннативу миллї ба харидорон тахфифњои љолиб пешнињод мекунад. Албатта, ин иќдоми кўчак аст, аммо василаи хубест барои нафъ расонидан ба мардуми кишвар. Агар њама ширкатњои мо дар самти фаъолияти худ даст ба њамин гуна иќдомњои оќилонаву дурбинона зананд, ин худ гузоштани як ќадами устувор сўйи пешрафту шукуфоии ватан хоњад буд. Зеро

"УМЕД-88" - Бренди тиллої дар бахши хизматрасонї дар соњаи наќлиёт "УМЕД-88" - БАРАНДАИ БРЕНДИ ТИЛЛОИИ "ЌУЛЛАИ ШАРАФ" Имсол Вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон дар њамбастагї бо вазорату идорањои дахлдор, бахши хусусї ва ташкилотњои байналмилалї озмуни љумњуриявии "Бренди сол"-ро баргузор кард, ки њадафи аслии баргузории озмуни мазкур њавасмандгардонии ширкатњо оид ба истифода ва пешбурди бренд дар фаъолият ва њамчунин шинос намудани мардум бо брендњои бењтарини тиљории Тољикистон маънидод мешавад. Ќабули пешнињодоти ширкатњо тўли чанд моњ дар Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот" идома дошта, санаи 12-уми декабр дар мењмонхонаи"Hyatt Regency Dushanbe" маросими супоридани љоизаи "Бренди сол 2013" аз натиљаи озмуни љумњуриявии "Ќуллаи шараф" баргузор шуд. Дар радифи 11 ширкати маъруфи ватанї ширкати "Умед -88"аз рўи номинатсияи молњо ва хизматрасонињо барои воситањои наќлиёт соњиби љоизаи тиллоии озмуни "Бренди сол - Ќуллаи шуњрат" гардид. "УМЕД-88"- ШИРКАТЕ БАРОИ ХИЗМАТ БА ХАЛЌУ МИЛЛАТ Дар марњилаи кунунии Тољикистон, ки иќтисоди кишвар рў ба рушд аст, бояд ширкатњои ватанї фаъолияти худро ба нафъи мардум ва пешрафту нумуи давлату миллат ба роњ монанд, на ин ки фаъолияти онњо танњо барои ба даст овардани фоидаи молї ва пур кардани буљаи ширкат бошад. Албатта, ѓанї гардидани буљаи њар ширкат, ин кафолати пешрафт ва рўйи даст гирифтани амалиёти густардатар хоњад буд, аммо набояд фаромўш кард, ки њадафи аслии њама гуна корхонаву ширкат дар замони муосир бояд сањм гузоштан ба рушди њарчї бештари давлату миллат ва ба нафъи халќи азизи Тољикистон равона гардад. Агар ширкатњои ватанї нафъи халќу миллатро маќсади аслии худ њисобида, фаъолияти худро дар њамин замина роњандозї кунанд, дар ин њол њам ба худ, њам ба мардум ва њам ба давлат аз љониби онњо фоидаи бештар расида, бо ин амал ширкат дар рушди иќтисоди кишвар ва боло бурдани сатњи не-

куањволии мардум сањм хоњад гузошт. Ва расонањои давлативу хусусї њам бояд корхонаву ширкатњоеро, ки даст ба иќдомњое ба нафъи мардум мезананд, таблиѓ намуда, ба ин васила агарчї танњо бо сухан њам бошад, фаъолияти онњоро эътироф ва дигар ширкату корхонањоро низ ба ин гуна иќдомот даъват намоянд. Њафтаномаи "Рўзгор" бо њамин маќсад тасмим гирифтааст, то ба мавзуъоти тиљорї њам даст зада бошад ва бењтаринњои арсаи бозаргонии кишварро ба хонандањои худ муаррифї кунад. МУШТАРИЁН: "УМЕД-88" ЊАМЕША БЕНЗИНИ БОСИФАТ ВОРИД МЕКУНАД "Умед-88", ширкати воридкунандаи маводи сўхт ба Тољикистон яке аз њамин гуна ширкатњои миллиест, ки ба андозаи имко-

дат дошта бошад. Ширкати "Умед-88" њам аз зумраи њамин гунна ширкатњост, ки њамеша ба муштариён сўзишвории босифат пешнињод мекунад. Мо аз аксари муштариёни нуќтањои фурўши сўзишвории ин ширкат чун дар мавриди сатњи хизматрасонї ва сифати сўзишворие, ки ин ширкат ба фурўш мебарорад, суол кардем, њамагї таќрибан ба њамин маънї гуфтанд, ки "ягон бор нашудааст, ки аз рўйи бензини "Умед88" ба мошинњои мо мушкиле пеш омада бошад. "Умед-88" њамеша бензини босифатро ба кишвар ворид мекунад. Сатњи хизматрасонї дар нуќтањои фурўши сўзишвории ин ширкат хеле баланд аст." Воќеан ширкати маъруфи "Умед-88" дар бахши молњо ва хизматрасонињо барои воситањои наќлиёт яке аз муваффаќтарин ширкатњои ватанї мањсуб меёбад ва далели ин ѓолибияти ширкат дар озмуни "Бренди сол-2013" шуда метавонад.

набояд фаромўш кард, ки сабук кардани нарх барои мардум ва бо ин васила ба буљаи оилаи онњо нафъ расонидан худ як иќдоми дурбинона бањри пешрафти кишвар ва рушди иќтисоди миллист. Аммо танњо бо тахфифи арзиши сўзишворї фаъолияти хайрхоњонаву дурбинонаи ширкати "Умед-88" иктифо намешавад. Ширкати таъминкунандаи маводи сўхт- "Умед-88" тайи чанд соли охир аз њисоби даромадњои молиявии худ хатнасури кўдакони зиёдеро аз оилањои камбизоат гузаронидааст, барои зарардидагони офати табиии чанд сол пеш дар минтаќаи Кўлоб рух дода хонањои истиќоматї бино кардааст, хуллас дар самти дастгирии мардуми ниёзманд роњбарияти ширкати миллии "Умед-88" иќдомњои љолиберо кор мегирад, ки ин мояи ќадрдонист. РОЊБАРИЯТИ "УМЕД-88": "ЉОИЗАИ ТИЛЛОЇ МАСЪУЛИЯТИ МОРО БЕШТАР МЕКУНАД" "Ѓолибият дар озмуни "Бренди сол 2013" ин эътирофи сатњи хизматрасонї ва умуман фаъолияти ширкати мост"-мегўянд рањбарияти ширкати "Умед 88" ва ба гуфтаи онњо "ин дастовард моро руњбаланд сохта масъулиятамонро дар оянда назди муштариёнамон бештар мекунад. Мо дар соли оянда кўшиш менамоем боз њам сўзишвории намунаи хубтаринро ба мушатриёнамон пешнињод намоем. Барои ин ба ширкати мо базаи нав ва аз нигоњи ѓунљоиш бузурги нигањдорї ва захираи газу бензин, ки дар шањри Душанбе бунёд ёфт, мусоидат менамояд. Њамчунин саъй мекунем, то сифати хизмарасониро дар нуктањои сўзишворї боз њам бењтар намоем ва ба мардуми шарифи кишвари мањбубамон исбот намоем, ки "Умед-88" воќеан дар соњаи хизматрасонї барои наќлиёт яке аз бењтарин брендњои кишвар аст".

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru


Дин ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

11

МАСЉИДИ НАБАВЇ:

АЗ ИБТИДО ТО ИМРЎЗ “

дастгоњњои пахши мустаќими радиої ва телевизионї ва ѓайра муљањњаз сохта шуд. Њарчанд дар бораи њаљми раќамњои тавсиаи масљид тайи мароњили гуногуни он ва њамин тавр чанд сантиметр эътибор шудани зироъ дар байни муаррихон ва коршиносони соња ихтилофи назар вуљуд дорад, вале бар асоси раќамњои фавќ масоњати умумии масљиди набавї пас аз тавсиаи маљидї (султон Абдулмаљид), ки имрўз њам ќисмате аз он дар љињати ќиблаи масљид њифз шудааст, њудуди 15 000 м2 ва ба гуфтаи мураттибони китоби Тав-

ОТАШСЎЗЇ ВА БОЗСОЗЇ Соли 654 њ. баробар ба соли 1256 м. дар масљиди набавї оташсўзие ба амал омад ва аксари бинои он аз байн рафт. Як сол пас соли 655 њ. (1257 м.) халифа Мустаъсим Биллоњ ба бозсозї ва бинои он пардохт, вале ба сабаби истилои муѓулњои муњољим бар Баѓдод нотамом монд. Пас аз он султони Миср Рукнуддини Бейбарс барномаи такмили бинои маљсидро рўи даст гирифт ва пас аз чанде онро бар њамон асли пешин бино кард. Ин аввалин оташсўзї дар масљиди набавї буд.

ти 82 000 м2 ба он афзуда шуд ва масоњати он дар маљмўъ 98 326 метри мураббаъро ташкил дод, ки барои њудуди 180 000 намозгузор гунљоиш дорад. Масоњати сатњи масљид 67 000 метри мураббаъ буда, 8750 метри мураббаи он финоњои ќуббапўш ва мавзеи гунбазњо ва 58 250 метри мураббаи он барои намоз омода аст, ки гунљоиши 90 000 намозгузорро дорад. Пас дохили масљид ва сатњи он дар маљмўъ гунљоиши њудуди 270 000 намозгузорро дорад. Сањнњои атрофи масљид масоњати 235 000 метри мураббаъро ташкил медињанд, ки 135 000 метри

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

Абдушариф Боќизода, барои "Рўзгор" Пас аз инќирози хилофати аббосиён дар соли 656 њ. (1258 м.) ба дасти муњољимони муѓул сарпарастї ва идораи Мадина ба дасти подшоњон - мамлукњои Миср гузашт, ки дар эъмори масљиди Паёмбар (с) корњои баёдмондание анљом доданд. Соли 886 њ. (1481 м.) масљиди набавї бар асари фурў рехтани соиќа (оташак)-е аз осмон боз дучори оташсўзї гардид ва малик Ашрафи Ќойтбой ба бозсозї ваРасули бинои он пардохт Дар замони Худо ва (с)соли соли 7 њ./628 м. 888 њ. (1483 м.) бинои онро ба итДар замони Умар (р) соли 17 њ./638 м. мом расонд. Гуфтанист, ки дар тавсиа деДар замони Усмон (р)ин29-30 њ./649-650 м. вори шарќии масљид аз пањлўи Дар замони њ./707-710 м. њуљраиВалиди Паёмбар (с)Умавї ба андозаи88-91 ду зироъ Мањдии ва рубъе васеъАббосї карда шуд,161-165 ки Дар замони њ./779-782 м. дар умум 120 м2-ро ташкил медињад. Дар замони Ашрафи Ќойтбой 886-888њ./1481-1483м. Пас аз поёни њукми мамлукњо Дар замони султон 1265-1277 њ./1848-1861 дар Миср соли 923Абдулмаљид њ. (1517 м.) хулафои усмонї сарпарастї ва идоДар замони малик Абдулазиз ва писараш малик раи масљиди набавиро ба даст гиСуъуд 1370-1375 рифтанд ва бањ./1951-1955 иљрои ислоњоте дарм. таълими Ќуръон бино кард ва маон пардохтанд, вале бинои малик Дар маљмўъ сљидро дар љои миъзанаи асосї 5 Ќойтбой ба муддати 377 соли дизироъ ва рубъе тавсиа дод, ки дар гар њамчунон побарљо буд, то он умум 1300 м2-ро ташкил медињад. ки дар деворњои масљид тарќишњое ба вуљуд омад. Пас аз омўОЛИ САЪУД зиш ва тањќиќи мавзўъ султон АбВА МАЉИДИ НАБАВЇ дулмаљид соли 1265 њ. (1848 м.) ба Бинои масљид то нимаи дуюми бозсозї, тавсиа ва бинои масљиди асри бист бар њамон меъмории набавї амр кард ва пас аз 13 сол маљидї боќї монд, то он ки мамонро дар соли 1277 њ. (1861 м.) ба лакати Саъудї дар замони малик итмом расонданд. Абдулазиз Оли Саъуд моњи рабеъСултон Абдулмаљид барои ин улаввали соли 1372 њ. (1952 м.) ба кори азим њайати бештар аз сесаду тавсиаи љадиде дар он оѓоз кард ва панољњнафараи коншиносон, писараш малик Суъуд онро дар оњангарон, сангтарошон, гачкомоњи рабеъулаввали соли 1375 њ. рон, наљљорон ва хаттотон ва ѓай(10/1955 м.) ба итмом расонд. раро бо тамоми васоил ва таљњиТарњи дувумин тавсиаи масљизоти зарурї аз Остона (Истанбул) ди набавї дар даврони њукми хоба Мадина равона кард ва илова надони Оли Саъуд дар замони мабар маъмури хосси худ дар ин кор лик Фањд ибни Абдузазиз соли онро ба василаи ќосидони худ аз 1405 њ. (1984 м.) ба мавриди иљро пойтахти хилофат пайваста пайбароварда шуд ва пас аз дањ сол гирї, назорат ва роњнамої мекард. дар соли 1414 њ. (1994 м.) ба итмом Онњо дар теппањои беруни Мадирасид. Ин охирин ва бузургтарин на дар рў ба рўи Абёри Алї дар тавсиае буда, ки дар таърихи масВодии Аќиќ кўњ ва маъдане аз санљиди набавї ба амал бароварда гњои сурхи аќиќї кашф ва аксари шуд. Шукўњи он имрўз њар бинанмаводди сохтмониро аз он омода даеро маљзуб месозад. Масљиди карданд. Дар беруни шањр корхонабавї ин навбат бо тамоми таљнањои гачгудозї ва ѓайра ба кор њизоти муосири барќї, васоили андохтанд ва масљидро бо меъмосардкунанда, имконоти оби ошории нодире бино карданд. миданї ва ѓуслу вузў, микрофоСултон Абдулмаљид дар таранњо, маркази тавлиди нерўи барќ, фи шимоли масљид њуљрањое барои

он, ба љуз равзаи муборака, яксон аст. Ривоят шуда, ки сањобагони киром ва салафи солењ пас аз тавсиаи масљид дар замони халифаи дуюм Умар (р) ва сеюм Усмон (р) ва Валид дар ќисматњои афзудашудаи он намоз мехонданд. Сањнњои атрофи масљид низ бахшњои мукаммили он ба шумор мераванд, њарчанд њанўз ба бинои масљид шомил нашудаанд, пас намоз дар онњо низ њамон аљру савоб ва њукми намоз дар дохили масљидро дорад. Доктор Ризвон Фазлуррањмон масоњати масљид дар замони Расули Худо (с) ва њаљми тавсиањои гуногунро дар он то тавсиаи аввали суъудї дар љадвале овардааст, ки баъзе раќамњояш аз гуфтањои боло фарќ доранд ва зикри он аз фоида холї нест.

сиату-л-њарамайни-ш-шарифайн 16327 м2 бештар аз дањ њазор (10 303) м2ро ташкил медодааст. Дар тавсиаи аввали Саъудї 4056 м2 аз бинои маљидї боќї гузошта

мураббаи он барои намоз пешбинї шуда ва гунљоиши 430 000 намозгузорро дорад. Ба ин тартиб масљиди набавї пас аз тавсиаи дуюми он дар замони малик Фањд бо

АЗ ЧАРОЃ ТО БАРЌ Масљиди набавї дар имтидоди асрњо бо васоили рўшноидињандаи муносиб бо њар давр, аз ќабили чароѓ, ќандил, шамъ ва ахиран неруи барќ таъмин шудааст. Гўянд аввалин касе, ки дар масљиди набавї дар замони Расули Худо (с) чароѓ овехта, Тамими Дорї (р) буда ва ба ќавле Умар ибни Хаттоб (р) будааст. Ба гуфтаи Самњудї дар замони Ибни Забола (ибтидои асри 3 њ.) дар масљиди набавї 256 ќандили доимї ва 100 ќандили дигар барои ваќтњои зарурї вуљуд дошта ва дар сањни он 4 машъал буд, ки дар болояшон чароѓдонњои бузург насб шуда ва 6 фонус њам мављуд буд, ки кормандони хадамоти масљид пас аз намози хуфтан барои берун кардани мардум ва бастани дарњои он онњоро ба даст мегирифтанд. Ин амал њамеша фузунї меёфт ва масљид давра ба давра бо васоил ва хадамоти рўшноидињии бештар ва бењтаре муљањњаз мешуд, то он ки дар арафаи љашни ёдбуди ба

ва 6247 м2-и он аз байн бурда шуд. Сипас ба ќисмати зоилшуда бештар аз 6 000 м2-и дигар афзуда шуд ва маљмўи тавсиаи аввали Саъудї 12 270 м2-ро ташкил дод ва ба ин тартиб масоњати умумии масљид бо изофаи 4056 м2 боќимонда аз бинои маљидї ба 16 326 м2 расид, ки барои 28 000 намозгузор гунљоиш доштааст. Аммо дар тавсиаи дуюми ходими Њарамайн малик Фањд масоња-

сатњ ва сањнњои атрофаш дар умум гунљоиши њудуди 700 000 намозгузорро дорад. Ќисматњои афзудашуда бар масљиди набавї тайи мароњили гуногуни тавсиаи он дар фазилат, афзоиши аљр ва дигар ањком дар назди љумњури уламо њукми њамон ќисматеро доранд, ки масљид дар замони њаёти Расули Худо (с) шомили он буд ва аљру савоб ва арзиши ибодатии намоз дар њама љои

хилофат расидани султон Абдулњамид дар 25 шаъбони соли 1326 њ./ 1907 м. барои аввалин бор неругоњи хурди барќие дар шимоли масљид коргузорї ва дохил ва сањнњои атрофаш бо неруи барќ таъмин карда шуд. Ифтитоњи он бо расидани аввалин ќатора (поезд) ба Мадина аз маркази хилофат шањри Остона (Истамбул) дар 22 шаъбони њамон сол рост омад. (давом дорад)

м.

2475 м2 1100 м2 496 м2 2369 м2 2450 м2 120 м2 1293 м2 6024 м2

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


12

Аз рўзгори орифон

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

ЌИССАЊОИ ТАЪРИХЇ АЗ РЎЗГОРИ

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

РАСУЛ ЃАМЗАТОВ, шоири халќии ДОЃИСТОН Он гоњ боз љанге сар зад. Дар дараву пайрања садои тўппаронињо баланд шуд. Дар љангалзори пуштакўњњо садои табару тешањо баланд шуд. Сарнайзањо дурахшиданд, тирњо ѓурриданд. Оре, душман мўру малах барин меомад, сарњисоби онро рафтан душвор буд. Таронањои таърихии мо шањодат медињанд, ки як кас бар зидди сад кас мељангид. "Як даст аз тан људо шавад, бо дасти дигар мељангиданд, сар агар аз тан људо шавад, худи тан мељангид,-наќл мекарданд ќиссањои он љангро пирамардон.-Роњу пайроњањо ва дарањоро бо аспони кушта банд мекарданд, худро аз нўги шахњои баланд ба болои найзањо њаво медоданд. Ба мо мегуфтанд: -Бас аст хунрезї. Муќобилат фоида надорад. Куљо рафта паноњ меёбед? Бол надоред, ки ба осмон паред. Чангол надоред, ки заминро кофта, ба ќабаташ дароед". Аммо Шомил љавоб медод: -Ќаноти мо-шамшери мо, чанголи мо-ханљарњои мо, пайкону синони мост. Кўњистониён бо сардории Шомил бисту панљ сол ба зидди истилогарони рус љангиданд. Дар он солњо на танњо симои Доѓистон, балки номи мавзеъ ва рўдњои кўњистон њам дигар шуд. Авар-Ќўйсу Ќаро-Ќўйсу ном гирифт, ки маънияш рўди сиёњ аст. Шахњои захмдору дарањои марг пайдо шуданд, дарёи Валерик машњур гардид, дар лавњи хотири мардум пайроњаи Шомил, роњи Шомил, раќси Шомил барин мафњумњо наќш бастанд. Ин љанг дар кўњи Ѓуниб пурфољиа поён ёфт. Дар ќуллаи он кўњ имом охирин бор намоз хонд. Њангоми намоз ба дасти боло бардоштаи ў тир расид. Шомил нањаросид ва ба намозаш давом дод. Хун ба зонуи имом ва ба рўйи санге, ки дар болояш истода намоз мехонд, чарахсид. Имоми тирхўрда намози худро ба поён расонд. Ваќте ки ў аз сари намоз бархост, муќаррабонаш гуфтанд: -Ту захм хўрдї, имом. -Ин захм- њељ гап нест. Сињат мешавад. -Шомил як даста алафро канда, дасти хунолудашро пок кард. - Доѓистон захми сахт хўрдааст. Он захмро даво кардан душвортар аст. Дар њамин лањзаи вазнинтарин имом аз арвоњи родмардони худ, ки кайњо хокашон бурдааст, имдод металабид. Њам аз арвоњи онњое, ки дар Охулго шањид шудаанд, њам аз арвоњи онњое, ки дар Хунзах љон супоридаанд, њам аз арвоњи онњое, ки дар оѓўши санглохи назди авули Салти хобидаанд, њам аз арвоњи

www.ruzgor.tj

Доѓистон дар љанги зидди шоњи Эрон-Нодиршоњ аз сад њазор нафар фарзандони бењтарини худ мањрум шуд. Чўпонону сайёдон, сангтарошону хокпошон, зарробону шоирон нобуд шуданд, вале як миллион нафар монданд. Гањворањо мељунбиданд, сурудњо танинандоз буданд, ошиќон маъшуќањои худро мерабуданд, даруни як бурќаъ мехуфтанд, бўсу канор мекарданд ва насли Доѓистонро давом медоданд. Боз сад њазор нафар духтару писар, сад њазор досу ханљар, дойраву танбўр ба дунё омаданд.

онњое, ки дар Дарѓо фавтидаанд, мадад мехост. Ў њамавул ва пешгузаштаи худ, нахустин имом Ќозї Муњаммад, Њољимуроди ланг, Алибеќилов, Оњбердилов ва бисёр диловарони дигарро ба ёд овард. Яке сар аз тан људо дигаре даст аз тан људо, сеюмї бо дили аз тир сўрох, њама дар зери хоки Доѓистон хобанд. Љанг марг гуфтан аст. Марги сад њазор нафар фарзандони бењтарини Доѓистон, вале Шомил ваќти аз Русияи бузург гузаштанаш њамоно исрор мекард: -Доѓистон хурд аст, халќамон кам. Ман аќаллан боз њазор шамшерзан медоштам. Дар Ѓуниби Боло санге њаст, ки чунин катиба дорад: "Дар болои ин санг княз Барятинский нишаста, Шомили асирафтодаро ќабул кардааст". -Тамоми њаракату муборизањоят бењуда буд,-гуфт княз ба асири худ. -Не, бењуда нест,-љавоб дод Шомил,-дар ёди мардум мемонад. Муборизаи ман басо хундоронро бародар кард, бисёр аву-

e mail: info@ruzgor.tj

лњои байни худ низоъу нифоќ доштаро муттањид намуд. Ин мубориза бисёр халќњои Доѓистонро, ки байни худ кинаву адоват доштанд ва њар кадоме "халќи ман", "миллати ман" гўён даъво мекард, ба як халќи Доѓистон муттањид намуд. Ман мењри Ватан, мењри Доѓистони ягонаю муттањидро ба даст овардам ва онро ба наслу авлодам мерос мегузорам. Магар ин кам аст? Дар ќади шамшери Шомил чанд њарф Ёд дорам аз замони кўдакї: "Нест ѓолиб, њар кї дар майдони љанг Оќибатандеш бошад андаке". Шоиро, бигзор ин панди накў Доимо бо хомаат анбоз бод: "Нест ѓолиб, њар кї дар майдони љанг З-оќибатњои масоф овард ёд". Шабонгањ мерасад бар гўши ман овози пойи ў Чароѓамро кушам, дар пеши шиша мешавад пайдо. Гање чун мўйсафеде аз Ѓуниб ояд ба назди ман,

ruzgor@mail.ru

Гање чун њомии бозардаи овули Охулго. ЌИССАИ НАБАРДИ ШОМИЛ БО РОЊЗАНИ ХУНОШОМ Боре имом бо муридони худ ба кадом як авул рафтааст. Пирони авул ўро адоваткорона пешвоз гирифтаанд. Онњо гуфтаанд! -Љанг ба диламон зад. Мо осоишта зиндагонї кардан мехоњем. Агар ту намебудї, мо бо подшоњ

кайњо оштї мекардем. -Њой, кўњистониёни собиќ! Чї, шумо нони Доѓистонро мехўреду аммо ба душманонаш хизмат кардан мехоњед? Оё оромию осоиши шуморо ман халалдор кардам? Ман онро муњофизат карда истодаам. -Имом, охир, мо њам доѓистонием, лекин дида истодаем, ки ин љанг ба Доѓистон ягон некї наовард ва минбаъд њам намеорад. Кас фаќат бо якравї дур намеравад. -Шумо доѓистониед? Љойи сукунати шумо дар њаќиќат Доѓистон, аммо худатон буздилед. Шуморо мефорад, ки дар ваќти љонбозию љонкании Доѓистон дар лаби оташдон аловро тагурў карда шинед! Кушоед дарвозањоро! Ё худамон бо шамшер мекушоем! Пирони авул бо имом хеле гуфтугузор карданд ва нињоят ба хулосае омаданд, ки ба рўяш дарвозањоро кушоянд ва ўро чун мењмони олимаќом осоишта пазирої бикунанд. Бар ивази ин Шомил ба онњо ќавл дод, ки ягон нафар сокини ин авулро ба ќатл

нахоњад расонд ва коњи куњнаро бод нахоњад кард. Вай дар манзили як дўсти содиќи худ манзил гузида, муддати чанд рўз бо пирони авул гуфтугў кард. Њамон ваќтњо як роњзани пурвањшате, ки ќадаш ѓўли биёбон барин аз ду метр њам зиёд буд, мардуми авул ва атрофи онро ѓорат карда мегашт. Вай њамаро аз як сар ѓорат мекард, ѓалла чорпо ва аспи одамонро зада мегирифт, сокинони авулро мекушт, метарсонид. Барои ў муќаддасоте вуљуд надошт. Худою пайѓамбар ва шоњу имомро ба як пули пучак намегирифт. Он гоњ пирони авул аз Шомил илтимос карданд: -Имом, аз њамин роњзан халосамон бикун. -Чї кораш бикунам? -Бикуш, имом, ўро бикуш. Худи вай чандин касро куштааст. -Ман ба љамоати шумо ќавл додам, ки дар авул ягон касро намекушам. "Ал ваъдаю вал дайн",- яъне ваъда ќарз аст, гуфтаанд. -Имом, илоље ёфта, моро аз дасти ин бадрафтор халос бикун! Баъди якчанд рўз муридони Шомил роњзанро миёнгир карда, дастгир намуданд ва банд андохта, ба авул оварданду дар тањхонае мањкам карданд. Суди махсус-девон љамъ омад, то љинояткорро љазои сазоворе дињад. Ќарор доданд, ки чашми роњзанро кофта гиранд. Он бадкорро кўр карданду сипас боз дар тањхона андохтанд. Аз миён чанд рўз гузашт. Як шаб, ќарибии бомдод, њангоме ки Шомилро сахт хоб бурда буд, дар хонааш садои тараќќотуруќу гулдуррос баланд шуд. Имом аз љояш љаста ба атроф нигарист. Дид, ки дарро бо табар зада, майдамайда карда, ѓурросзанону лаънатхонон ба сараш одами њайвонбашараи девсимое њамла меоварад. Имом фањмид, ки ѓоратгар бо чї њилае аз зиндон гурехтааст ва њоло интиќомгирї омадааст. Љуссаи азиме дандонњояшро ѓиљирросзанон њамла меовард. Дар як даст ханљари калоне дошт, дар дасти дигар табар. Имом њам ханљари худро ба даст гирифт. Ў муридонашро фарёд мекард, аммо роњзан онњоро кайњо зада кушта буд. Авул дар хоб буд. Фарёди имомро касе намешунид. Имом аќиб рафта-аќиб рафта, лањзаи мувофиќеро меёфту ба душманаш њамла мекард, аммо роњзан табар ба даст худро кўркўрона ин сў-он сўйи хона мезад. Вай тамоми анљоми хонаро чаппаву роста карда партофт. -Куљої, ту, марди далер, ки дар китобњо таърифат кардаанд?бонг мезад он ѓоратгари ќавипайкар.-Дар куљо пинњон шудї? Биё, охир, маро дастгир бикун, дастонамро банд, чашмонамро кофта гир. (давом дорад)


Саволи рўзгор

www.ruzgor.tj

СОЛИ НАВ МЕШАВАД Ё НЕ?

МО БА ЧЇ МИЌДОР ГАЗИ МОЕЪ НИЁЗ ДОРЕМ? Тољикистон бештар аз кадом мамолик гази моеъ ворид мекунад? Ва умуман мизони эњтиёљи кишвар ба ин намуди сўзишворї, ки амалан алтернатива ба бензин барои мошинњост, чї ќадар аст? Њидоят, ронанда аз шањри Душане

Дуруст аст. Аз замоне, ки љоизаи Нобел таъсис гардид, афроде аз гирифтани он худдорї карданд. Баъзењо бо далелњои барои худашон мантиќї ихтиёрї даст кашиданд ва баъзеи дигар бо фишори низомњо ва њокимон ногузир буданд онро нагиранд. Нависандаи оламшумули рус Лев Николаевич Толстой ваќте донист, ки Академияи илмњои Русия ўро ба љоизаи Нобел пешнињод кардааст, бо ирсоли нома ба дўсташ, нависанда ва тарљумон Арвид Ярнеелт аз ў хоњиш кард, ки коре кунад, то ба ў ин љоиза дода нашавад. Адиби шинохта дарёфта буд, ки мукофоти Нобел ќабл аз њар чизи дигар пул аст ва Толстой пулро бузургтарин бадбахтии башар медонист. Жан-Пол Сартр соли 1964 аз љоизаи Нобел ихтиёрї даст кашид. Вай мегуфт, ки ин љоиза аввалан барои адибони Ѓарб пешбинї шудааст ва баъдан барои

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "РЎЗГОР" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои

907-91-59-34, 934-26-00-43 МЕТАВОНЕД ИРСОЛ КУНЕД. зин эњтимол меравад эњтиёљ ба гази моеъ боз коњиш ёбад. Зеро вуруди сўзишвории бе бољи гумрукї нархи бензинро якбора то бештар аз 20 дар сад коњиш дод.

ОЁ ГЕРСОГИНА КЭТРИН БА ЊАМСАРАШ ХИЁНАТ КАРДААСТ? Дар шумораи гузаштаи "Рўзгор" дар њамин сањифаи "Пурсишеву посухе" дар бораи мољароњои хонаводагии шоњзода Британияи Кабир Чарз навиштед. Дар њамин бора хабари дигар њам пештар расонаї шуда буд, ки гўё набераи Чарлз аз падари дигар будааст. Оё ин рост аст? Шањло, Норак Мо наметавонем гўем, ки ин рост аст ё дурўѓ. Фаќат њамон хабареро метавонем шарњ дињем, ки шояд шумо њам хондаед. Камилла Паркер-Боулз, њамсари шоњзода Чарлз иддио дорад, ки падари Георг Александр шоњзода Уилям набуда, каси дигар аст. Аз ин рў герсогина Камилла ПаркерБоулз талаб дорад, ки њатман ба хотири рафъи шубањот ва олуда накардани хонадони шоњаншоњи бо хуни бегона ташхиси ДНК гузаронида шавад. Камилла ПаркерБоулз мегўяд навзод њич нишони монандї ба падараш надорад ва герсогина Кэтрин бояд покии худро пеши чашми љомеа ва шавњараш нишон дињад. Њоло маълум нест, ки ташхиси ДНК сурат мегирад ё на. Вале баъзе манобеъи на-

Ба бахши дуюми саволатон посухи даќиќ пайдо нашуд. Зеро аз моњ ба моњи дигар теъдоди истифодабарандагони гази моеъ дар кишвар меафзоянд. Тавре аз Вазорати энергетика ва захирањои оби љумњурї иттилоъ доданд, зарфи 11 моњи соли љорї ба Тољикистон беш аз 192 њазор њазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2,6 баробар зиёдтар аст. Вале моњи ноябри соли љорї гази моеъ дар ќиёс ба моњи октябр 10 дар сад кам ворид карда шудааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ гази моеъ ба Тољикистон асосан аз Ќазоќистон ва ќисман аз Русияву Туркманистон низ оварда мешавад. Соли 2010 Русия ба мањсулоти нафтии барои Тољикистон содирмекардаи худ бољи содиротї љорї карда буд. Ин боиси истифодаи бештар аз гази моеъ шуд. Аммо ба муљарради лаѓви бољи содиротї ба бен-

13

Холида Абдуназарова, донишљў

Дар атрофи Бобои барфиву Барфак ва арчаи солинавї њангомањо зиёд шуданд. Магар имсол мо Соли нав нахоњем дошт? Мирисломи Миршодї, Истаравшан Њангомае, ки шумо дар борааш навиштед, асосан аз љониби бархе матбуоти русї баланд шудааст ва ба як тасмими маъмурияти телевизионњои кишвар иртибот дорад. Аниќтараш шабакањои телевизионї имсол тасмим гирифтанд дар намоишњои солинавии худ аз арча, Бобои барфї ва Барфак барин атрибутњои бегона истифода накунанд ва ба љои он нишонањои миллиро ба тасвир гузоранд. Бино ба гуфтаи Саидалї Сиддиќов, љонишини аввали раиси радио ва телевизиони Тољикистон "касе барои мардум таљлили соли наву бобои барфиву Барфакро манъ накардааст, танњо дар барномањои телевизион Бобои Барфию арчаи орододошудаю Барфак чизи асосї нахоњанд буд, зеро онњо ба анъанањои миллии мо пайванди бевосита надоранд. Ба љои онхо ба баъзе арзишњои миллии худамон тарљењ дода хоњад шуд". Аммо њоло мо њам намедонем имсол Бобои Барфиву Барфакро чї иваз мекунад. Соле пеш дар яке аз барномањои телевизионї ба љои Бобои барфї яке аз овозхонњои куњансол ва мардумии кишвар Бобои Файз, ки зарфи ду ё се соли охир маъруфият пайдо карда буд, иштирок дошт ва гумон меравад баъди њунарнамоии ў дар Наврўзи соли гузашта, ки баромадаш ба Президент њам хеле хуш омада буд, тасмим њам гирифта шуд, ки бештар аз ў истифода шавад. Аммо ин як тахмин аст. Интизор бояд шуд, ки шаби Соли нав дар барномањои солинавии шабакањои телевизионї мо чиро хоњем дид. Баъд шояд боз нависем.

№30 (030) 25 декабри соли 2013

здик ба сарварони Британия гуфтаанд, ки Камилла Паркер-Боулз метавонад аз рўи рашку њасад ин гуна изњори назарњо кунад, то маъруфияти герсогинаи Кембриљ Кэтринро миёни мардум коњиш дињад. Зеро худи ў дар њич замоне обрўманд набуд. Вайро чун зане, ки ќаблан ба шавњари худ хиёнат кардаву баъдан ба шоњзода Чарз издивољ кардааст, мешиносанд. Ин дар њолест, ки дар арафаи таваллуди навзод Камилла овоза пањн карда буд, ки ба муљарради рўи ќадам омадани фарзанд, Уилям дар љустуљўи маъшуќа гом хоњад бардошт. Аммо дар миён дар бораи хонаводаи маликаи Британия овозаи дигар њам буд. Навхонадорон ќариб дар њоли аз њам људо шудан буданд ва иллати он на хиёнати Кэтрин ва на хизмати Уилям дар артиш, балки майхорагии шоњзодаи љавон буд, ки Кэтрин тањаммули онро надоштааст.

КЇ ВА ЧАРО АЗ ЉОИЗАИ НОБЕЛ ДАСТ КАШИД? Дар шумораи гузаштаи "Рўзгор" маќолае дар бораи адиби соњибљоиза Элис Мунро хондам. То љойе ман медонам баъзе нависандагону шоирон ва олимон баъди он ки эълон шуд ба дарёфти љоизаи Нобел мушарраф шудаанд, аз он даст кашиданд. Чаро?

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

"шўришгарон"-и Шарќ. Сартр чунин мењисобид, ки љоизаро танњо як гуруње дарёфт мекунанд, ки зидди ин ё он сиёсатанд. Аммо адибони лаёќатманд ва шоиста онро дар њич замоне наметавонанд бигиранд. Борис Пастернак соли 1958 сазовори љоизаи Нобел шуд. Вале вай ногузир буд зери фишори давлати Шўравї аз он ихтиёрї даст кашад. Ба Пастернак "барои хизматњои шоистааш дар рушди насри рус" мукофот эъто шуд, вале давлати Шўравї ба хотири романи ў "Доктор Живаго", ки дар хориљ аз СССР интишор ёфта буд, монеъ шуд, ки љоизаро бигирад. Давлати Шўравї ин романро аз "нигоњи идеологї зараровар" медонист. Соли 1937 Олмони фашистї монеъ шуд, ки адиби шинохтаи ин кишвар Рихард Кун љоизаи Нобелро бигирад. Њитлер аз он асабї шуд, ки дар радифи Кун яке аз душманони натсистон Карл фон Осетский низ соњиби ин љоиза гардид. Аз миёни олмонињо олими химик Адолф Бутенандт ва физиолог Герхард Домагк низ бо фишори Њитлер аз љоизаи барояшон додашуда даст кашиданд. Нависандаи рус Александр Солженитсин соли 1970 барандаи љоизаи Нобел шуд. Вале сарнавишти Борис Пастернак барояш такрор шуд. Ба ў иљозат надоданд ба Стокњолм равад. Аммо соли 1975 баъди аз СССР бадарѓа шуданаш њам љоиза ва њам дипломи онро гирифт.

www.ruzgor.tj


14

Шеъри рўзгори мо

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Ш

АРМУЃОНИ

«ЊАМЕШАБАЊОР» ОЌИБАТАШ БА ХАЙР ШАВАД! Рањмиддин ШОЊЗОДА бори чањорум аст, ки на дар ситоиши зан, балки дар танќиди занон шеър мегўяд. Дар як шеъраш занро њатто ба мор ташбењ додааст. Шабнами ГУЛМАЊТОБ бошад, дар мањфили навбатї бо як шеъраш мардњоро танќид кард. Оќибаташ ба хайр шавад! ХАЙРАНДЕШ Гулбибї БОЌИЕВА, омўзгори мактаби №58-и ноњияи Рўдакї

Кўњзоди ФАТЊУЛЛО, корманди телевизиони шањри Турсунзода МУНОЉОТ Эй Худовандо, маро аз шарри шайтон њифз кун, Ту маро бар хотири оёти Ќуръон њифз кун Дар љањон бисёр бошад одами шайтонсифат, Ту маро аз шарри њар як номусулмон њифз кун. Ман, ки њастам бандаи пур аз хатову иштибоњ, Ту маро аз њар гуноњу љурму исён њифз кун. Чун маро инсон ато кардї, пас инсонам бикуш, Ту маро аз пайравї аз љинси њайвон њифз кун. Ошиќи гул кардаї ту андалеби мастро, Бубули шўридаро андар гулистон њифз кун. Мушти пар њастанд занњою њама мардон чу гурд, Ту занонро аз љафою зулми мардон њифз кун. Њељ касро аз Ватан сўи ѓарибињо мабар, Одамонро аз фироќу дарди њиљрон њифз кун. Њар куљое меревам , бо ёди Мењан зиндаам, Кўњзодатро барои Тољикистон њифз кун.

Рањмиддин ШОЊЗОДА, магистри соли аввали Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон

Ѓаффор АМИРОВ, корманди ВКД

ЗАН Бо ниќоби одамї бечоравор Менамояд зан туро, эй мард, хор. Бингарад бар рўи ту бо чашми чор, Фанд бидњад ў туро, дар ёд дор. Боваре бар њарфи ширинаш макун, Гарчи гиряд пеши поят зор-зор. Зан бузург асту намедонад вале, Љои худро њељ андар рўзгор.

Шабнами ГУЛМАЊТОБ МАРД Чаро занро ба мисли мор гуфтї? Надонистї, ки мардон аждањоранд. Чаро занро хиёнаткор гуфтї? Надонистї, ки мардон нобакоранд. Маро чун зан аз ин гап нангам омад, Ки ин гуфторњо бас носазоянд. Вале боре наандешидї охир, Гунањгори асосї мардњоянд. Зи дунболи касе то кўча гарданд, Њазорон кўчаву паскўча гарданд. Занон боре ба доми ў биафтанд, Зи макри фанди ў бозича гарданд. Хиёнатњои мардон бешумор аст, Ба дўши зан гуноњи мард бор аст.

Манижа САЛИМЗОДА, хонандаи мактаб-интернати №1-и шањри Душанбе

ПОЙАНДОЗИ САФЕД Барф бошад пойандози сафед, Дашту водиро сарандози сафед. Мурѓи рангинболи поиз баъд аз ин Боз созад боли парвози сафед. Болафшон пар занад ба њар диёр, Бо табиат гашта њамрози сафед. Њамчу тарроње матои барфро Пора бинмуда ба миќрози сафед. Шинаму зебо бидўзад хилъате Бо њазорон тарњу пардози сафед. Бар танаш пўшад сафеди нуќрагин Ин замин пероњани нози сафед. Нест баъди ин табиатро чунин Муддате дилбанду дамсози сафед.

Њикматуллои ШЕРАЛЇ, ронанда МУВАШШАЊ Фасли гулию накњати ту њамчу бањор аст, Ишќи мани дилдода ба пои ту нисор аст. Рашки чамани ишќию зеби њама гулњо, Умре ба рањи васли ту ин сина фигор аст. Зебандаи ин даргањию сўзи дили ман, Аз сўзи фузун ќалби ман озурдаю зор аст. Пањлўи ман оию ту як дам бинишинї, Умеди ман аз даргањи Ѓаффор њазор аст. Лаъли лаби ту чашмаи ишќ асту љавонї, Оњунигањо, чашми њамин чашма хумор аст. Дил дар кафи даст омада Њикмат ба дари ту, Имрўз варо њар нафасаш ар ба шумор аст.

Фариддуни ЊАМЗААЛЇ, донишљўи курси 2-и Донишкадаи соњибкорї ва хизмат ТАНЗ Гирифтам ёр дар оѓуш, Њурмат накунї зана, Раќиб хуни њасрат хурд. Ќавракота мекана. Бибусидам лабашро, Агар бовар накунен, Раќиб аз бахилї мурд. Бубинен њоли мана.

ЃАМХОРИ МОДАР Гуфто падар хандида, Манижаљон, духтарам. Акнун калонак шудї, Туро ба бозор барам. Аз бозор барои ту Куртаи зебо харам, Манижа гуфто аввал, Бихаред ба модарам.

www.ruzgor.tj

ТОЉМАЊАЛ Ёдгоре нињодаанд ба ишќ Дар диёри муњаббату эњсон, Дар замини бузурги Њиндустон, Ёдгоре ба ишќи Шоњ Љањон. Ёдгоре нињодаанд ба ишќ Ёдгоре, ки аз барои зан аст. Ёдгоре, ки ишќро Ватан аст, Ёдгори садоќати мардон. Ёдгоре нињодаанд ба ишќ Ёдгоре, ки зиннати дунёст. Санъати беназиру бењамтост, Маскани љовидонаи љонон. Ёдгоре нињодаанд ба ишќ То муњаббат чу достон монад. Поку бемислу љовидон монад, Ёдгори муњаббати инсон.

Доимо ма њастум хап, Бисёр намезанум гап. Бачаи ганда нестум, Намекунум шапошап.

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru

Мезанумут ма ба мушт, Дароз мекашї ба пушт. Арусут мега, вой дод, Кавалерма зада кушт.


Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

15

№30 (030) 25 декабри соли 2013

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР АЊМАД ЗОЊИР ВА ШОЊВАЛЇ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ Таронаи "Лайлї, Лайлї, Лайлї дилбару дилдори манастї" азљумлаи он таронањои Ањмад Зоњир аст, ки ё танњо як бор сабт шудааст ва ё то кунун танњо сабти як варианти он дастраси алоќамандони садояш аст. Ин тарона панљ даќиќаву 29 сония давомнокї дорад. Дар навохтани оњанги он аз созњои табла, соранг, њармония, сетор истифода бурда шудааст.

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Султони Њамад, «Рўзгор» "ДЎСТАТ ДОРАМ, ВАЛЛОЊ, БИЛЛОЊ" Соли 1978 дар студияи "Музик сантар" албоми панљуми Ањмад Зоњир бо номи "Ту бо манї" сабт мешавад. Ба гуфтаи Фирўза Таронасоз, духтари устод Таронасоз, тамоми оњангњои ин албом эљоди ќиблагоњи ў мебошанд. Инњо таронањои "Аз он рўз ки паймон бо ту бастам", "Аз ноз чї механдї", "Ай нозанин аз ишќи ту девонам, девонам", "Дустат дорам, валлоњ биллоњ", "Кай бошаду кай, май бошаду вай", "Маро чун ќатраи ашке зи чашм андохтї рафтї", "Ту бо манї, ту бо манї, ту бо манї", "Ту бароям муќаддасї", "Ошиќ шудаї, ай дил ѓамњот муборак бод", " Ай Худо, модари ман боз ба ман дењ!", "Раќс бикун, шўр бидењ", "Чї гармї, чї хубї!" њастанд. Аммо бояд гуфт, ки дар бораи моли кї будани оњангњои чањор суруди охир маълумоти зидду наќиз хеле зиёд аст. Масалан оњанги суруди "Ошиќ шудаї, ай дил ѓамњот муборак бод"-ро бархе моли худи Ањмад Зоњир, иддае эљоди устод Фазлањмади Найнавоз ва дар Тољикистон моли устод Фаттоњ Одинаев медонанд. Аз ин рў мо онњоро дар рўйхати таронањои устод Таронасоз ворид накардем. Аз њафт суруди боќимонда матни таронањои "Дўстат дорам валлоњ, биллоњ", "Кай бошаду кай", "Ту бо манї, ту бо манї" ва "Ту бароям муќаддасї"-ро худи устод Таронасоз навиштааст. Матни таронањои "Маро чун ќатраи ашке зи чашм андохтї рафтї", "Ай нозанин аз ишќи ту девонам" ва "Аз ноз чї механдї"-ро шоирони дигар навиштаанд, ки дар мавридаш дар бораи онњо низ Худо хоњад суњбат хоњем кард. "Дўстат дорам, валлоњ биллоњ" аз љумлаи њамон таронањои Ањмад Зоњир аст, ки танњо як варианти сабти он то лањзањое, ки ин сатрњо навишта мешаванд, мављуд аст. Матни ин суруд аз се байт

иборат аст, ки дар сабки сурудњои мардумї эљод шудааст. Байти наќарот, ки бародарони афѓонистонї онро "антара" мегўянд ва онро баъди сурудани њар байт такрор мекунад ва боз ду байти дигар:

Тарона чањор даќиќаву 11 сония давом мекунад ва дар ваќти навозиши оњанги он аз гитори барќї, табла, дром, трумпет, саксафон ва синтезатор истифода шудааст.

Дўстат дорам валлоњ биллоњ, валлоњ биллоњ, Аз ман мешї иншоаллоњ, аз ман мешї иншоаллоњ. Агарчи њастем људо оќибат, эй дилрубо, Ошиќу маъшуќаро ба њам расонад Худо.

"КАЙ БОШАДУ КАЙ, ЧАНГ БОШАДУ НАЙ" Ин тарона низ аз љумлаи њамон сурудњои Ањмад Зоњир аст, ки сабти варианти дигари он дар њоли њозир дар дасти алоќамандони садои Ањмад Зоњир нест ва ё бошад њам ба мо маълум нест. Ин тарона чор даќиќаву 38 сония садо медињад ва дар ваќти навохтани оњанги он аз гитори барќї, синтезатор, дром ва саксафон истифода бурда шудааст. Матни он аз наќарот ва ду ќитъа назми чањормисрагии зерин иборат аст:

Дўстат дорам валлоњ биллоњ, валлоњ биллоњ, Аз ман мешї иншоаллоњ, аз ман мешї иншоаллоњ. Куљо зи каф медињам, домани васли туро? Мову ту њастем њамеш ду рўњ ба як тан, буто! Дўстат дорам валлоњ биллоњ, валлоњ биллоњ, Аз ман мешї иншоаллоњ, аз ман мешї иншоаллоњ.

Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Чанг бошаду най, чанг бошаду най? Ман бошаму вай, вай бошаду май. Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Шабе бошад, ки нури моњтоб бошад ба гулшан, Майи ноб бошаду танњо фаќат ў бошаду ман. Ману ў даст ба гардан то сањаргоњ, Ба њар сў шаршари об бошаду гулњои савсан. Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Чанг бошаду най, чанг бошаду най? Ман бошаму вай, вай бошаду май. Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Дар он шаб ман бару дўшу лаби нўшаш бибўсам, Гање рўю гање мўю баногўшаш бибўсам. Чу чашмаш њамрањам сад роз гўяд, Гање чашму гање лабњои хомўшаш бибўсам. Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Чанг бошаду най, чанг бошаду най? Ман бошаму вай, вай бошаду май. Кай бошаду кай, кай бошаду кай? Кай бошаду кай, кай бошаду кай?

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

"ТУ БАРОЯМ МУЌАДДАСЇ, ТУ АЗИЗТАРИН КАСЇ" Ин таронаи Ањмад Зоњир, ки аз байти наќарот ва се банди чањормисраї иборат аст, дар варианте, ки дар студияи "Музик сантар" сабт шудааст, њафт даќиќаву 21 сония давомнокї дорад. Ба ќавле ин сурудро устод Шоњвалї Валии Таронасоз бо хоњиши Ањмад Зоњир ба хотираи модари Ањмад Зоњир навишта будааст. Ту бароям муќаддасї, Ту азизтарин касї. Бањри гулњо мисли об, Бањри хаста мисли хоб. Мисли лабханди манї, Бањри њарфи бељавоб. Ту бароям муќаддасї, Ту азизтарин касї. Мисли борон ба чаман, Мисли бўи ёсуман. Мисли гулњои сафед, Бањри сањрову даман. Ту бароям муќаддасї, Ту азизтарин касї. Мисли куњњои љануб, Ранги маќбули ѓуруб. Мисли мањтоби бањор, Ай саропо њама хуб. Ту бароям муќаддасї, Ту азизтарин касї. Як варианти мањфилии ин тарона низ феълан дар ихтиёри њаводорони садои Ањмад Зоњир ќарор дорад, ки онро маълум нест хунёгар дар кадом мањфил сурудааст. Ин варианти суруд бо њармония ва табла хонда шудааст. Дар ин варианти мањфилї танњо ду банди аввали ин таронаро Ањмад Зоњир мехонад. Вале аввал банди дуввум ва сипас банди якумро месарояд. Ин варианти суруд 3 даќиќаву 5 сония давом мекунад. (давом дорад)

www.ruzgor.tj


16

Тиљорат дар рўзгор

www.ruzgor.tj

№30 (030) 25 декабри соли 2013

Ширкати"Оби соф- GEYSA" мардуми шарифи Тољикистонро ба Соли нави милодї тањният гуфта, ба Шумо тамоми хушињои њаётро таманно дорад. ТОЉИКИСТОН ВА САРВАРИ ОН ТАШАББУСКОРОНИ ЊАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР ЉАЊОН Имрўз дар радифи дигар мушкилоти љомеаи љањонї мавзўи об ва дастарсї ба оби тозаи ќобили истеъмол яке аз масоили мубрам мањсуб меёбад. Зеро тибќи омори ѓайрирасмї зиёда аз 1 миллиард ањолии кураи Замин айни њол ба оби ошомидании тоза дастрасї надоранд ва дањњо миллион нафари дигар бахусус кўдакону пиронсолон, аз таъмин набудан бо оби ошомиданї ва ё истифодаи оби ба талаботи санитарї љавобгў набуда, њамасола мефавтанд. Њамчунин тибќи омори расмї, њар њафта дар миќёси љањон дар натиљаи беморињои вобаста ба сифати бади об ва шароити ѓайрисанитарї 42 000 нафар вафот мекунанд ва бештар аз 90 дарсади воќеањои ногувори вобаста ба об ба кўдакони то 5-сола рабт дорад. Мањз аз њамин лињоз Президенти кишвари мо борњо аз минбарњои бонуфузи љањони амсоли Созмони миллали муттањид то чї андоза масъалаи доѓи рўз будани таъминоти ањолии сайёра ба оби ошомиданиро таъкид доштааст. Дањсолаи байналмилалии "Об барои њаёт" (2005-2015) низ пешнињоди Тољикистон буд, ки аз љониби давлатњои узви СММ пазируфта шудааст. Яъне љомеаи љањонї Тољикистон ва раисиљумњур Эмомалї Рањмонро чун ташаббускори ба миён гузоштани масоили об шинохта. Аз ин рў бояд сатњу сифати пешнињоди оби нўшокии тоза дар мамлакати мо барои давлатњои дигар намуна бошад.

"Оби соф - GEYSA"

саломатии Шумо маќсади фаъолияти мост.

РОЊИ ЊАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБ ДАР КИШВАР КАДОМ АСТ? Раисиљумњури Тољикистон Эмомалї Рањмон зимни суханронии хеш дар оѓози Конфронси байналмилалии сатњи баланд рољеъ ба њамкорї дар соњаи об, ки рўзњои 20 ва 21 августи соли љорї дар шањри Душанбе баргузор гашт, сари ин масъала њам таъкид дошт, ки имрўз дар Тољикистон танњо 58,5 фоизи ањолии кишвар ба сарчашмањои хушсифати оби нўшокї дастрасї доранд, ки њудуди 30 дарсади он дорои шароити хуби санитарї мебошад. Њамчунин борњо аз љониби мутахассисони соња таъкид шуда, ки њатто истифодаи об аз лўлањо низ на он ќадар безарар аст. Чунки аксари лўлањо 30-40 сол пеш кашида шудаю то њол рўи таъмирро надидаанд. Ва албатта кўњнаю фарсуда ва корношоям гаштани лўлањо низ сифати обро халалдор менамояд. Оби чашма ба меъёрњои талаботи санитарї љавобгў аст, аммо ба он ќисми ками ањолии кишвар дастрасї доранд. Ба аќидаи аксари коршиносон роњи ягонаи њалли мушкилоти оби тозаи ошомиданї ва ё худ пешгирии беморињое ки нўшидани оби ба талаботи санитарї љавобгў набуда, ин истифода аз асбобњои махсуси обтозакунї аст. Пирназар Шодмонов, як корманди Раёсати эпидемиологии назди Вазорати тандурустии кишвар њам дар ин бобат дар рўзномаи расмии Тољикистон --"Љумњурият" изњори назар карда буд. Ба андешаи ў "дар вазъияти имрўзаи кишвар ташхиси об хеле зарур аст. Хуб мешуд, ки њам муассисањои њукуматї, њам он ташкилотњои байналмилалие, ки дар самти таъмини ањолї ба оби ошомиданї дар минтаќањо фаъолият доранд, ташхисгоњњоро низ барќарор мекарданд. Аќаллан дар минтаќањо бояд дар як моњ як маротиба обро аз ташхис гузаронанд. Дар шањрњо, бахусус дар Душанбе, об бояд њар рўз аз санљиш гузаронида шавад. Вале, аз сабаби набудани маблаѓ, кор накардани ташхисгоњњо, набудани наќлиёт санљиши об дар баъзе минтаќањо мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Солњои наздик њалли мушкилињо дар таъмини ањолї ба оби тоза имкон надорад. Аз ин рў, хуб мешуд, ки мардум аз асбобњои махсуси обтозакунї истифода мебуранд ё аќаллан обро пеш аз истеъмол мељўшонданд. Чунки об агар тоза набошад, метавонад сабаби ба миён омадани касалињои зиё-

www.ruzgor.tj МУАССИС: ТАШКИЛОТИ ЉАМЪИЯТИИ «РЎЗГОР»

www.ruzgor.tj

ди сироятї гардад". Илм исбот кардааст, ки истифодаи оби ба истилоњ ифлос ё худ ба талаботи санитарї љавобгў набуда, сабаби сар задани 70-80 дарсади беморињо мегардад. Љўшонидани об њам на дар њама маврид обро ба саломатии инсон безарар карда метавонад. Пас ягона роњои пешгирии беморињое, ки аз истифодаи обњои ќобили истеъмол набуда сар мезананд, ин асбобњои махсуси обсофкунї мањсуб меёбад. "ГЕЙЗЕР"- ОБИ ТОЗА ВА БА САЛОМАТЇ ФОИДАБАХШ Ширкати "Гейзер" дар ќаламрави кишварњои пасошўравї дар бахши истењоли асбобњои махсуси обсофкунї пешгом аст. Ин ширкат соли 1986- ум дар Санкт Петербург таъсис ёфтаву то имрўз ба истењсоли таљњизоти обсофкунї машѓул аст. Намояндагии расмии ширкати мазкур дар Тољикистон њанўз аз соли 2009-ум фаъолият дошта, ба мардуми кишвари мо, махсусан ба сокинони пойтахт асбобњои обтозакуниро пешнињод менамояд. Чун мо ба назди Толиб Ќудратов, директории генералии ширкати "Оби соф- GEYSA" рафтем, ў моро хуш ќабул карду таклифи моро барои суњбат пазируфт. Ба гуфтаи Толиб Ќудратов маќсад аз таъсиси чунин корхона тоза ва филтратсия кардани оби нўшиданї дар шањру навоњии кишвар мебошад ва дар њоли њозир таљњизоти ЉДММ "Оби соф-GEYSA" танњо дар шањри Душанбе ба муштариён бо нархњои дастрас ва барои шањрвандон имконпазир пешкаш карда мешавад. "ГЕЙЗЕР"- ДАР ЊАМА ЉО ВА ДАР ЊАМА ШАРОИТ Толиб Ќудратов мегўяд таљњизоте, ки онњо ба Тољикистон ворид мекунанд, дар њама шароит ва дар њар љое, ки об њаст, барои сокинон ва истифодабарандагони он ба кор меравад. Масалан сар карда аз ќубурњои обгузари манзилњои зист то ба ќубурњои обгузари кўчаву мањаллањо ва њатто коргоњњову маконњои бузурги истењсолї чунин таљњизотро насб кардан имкон дорад. Ба гуфтаи Ќудратов њамчунин таљњизоти филтркунонии Гейзерие њастанд, ки бидуни барќ ва пайвасткунї ба ягон система пурра имкони истифода бурданро дорад. Масалан яке аз он таљњизот, ки "Кўзаи обсоф-

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

кунак" ном гирифтааст, дар њаљми аз 3 то 3,5 литр обро дар муддати 3-4 даќиќа дар пеши чашми истифодабаранда тоза мекунад. Ва ин барои истифода дар дењоти дурдасти Тољикистон, ки ба ќувваи барќ дастрасии пурра надоранд, бисёр мусоид аст. Аз љониби дигар, асбобњои обсофкунии "Гейзер" на танњо обро филтр мекунанд, балки онро барои саломатї фоиданок низ мегардонанд. Бояд гуфт, ки дар шањри Санкт-Петербург дар назди ширкати "Гейзер" як маркази махсусе амал мекунад, ки олимону коршиносонро фаро гирифта, пеш аз истењсоли њар таљњизот аввал тадќиќотњои илмї мебаранд ва вобаста ба навъи об таљњизот меофаранд. Аз ин рў таљњизоти офаридаи онњо на танњо обро софу тоза мекунад, њамчунин обро барои саломатї фоиданок мегардонад. Олимони рус борњо таљриба кардаанд, ки таљњизоти"Гейзер" 100% обро безарар мегардонад. КАРТРИЉИ "АРАГОН"- ОБИ КОМИЛАН СОФУ БЕЗАРАР Толиб Ќудратов мегўяд ихтироъи дар љањон маъруфи ширкати "Гейзер" картриљи "Арагон" мебошад, ки он дар асоси хусусиятњои таркибии химиявиву физикии глобалїмолекулярї сохта шуда, барои саломатии инсон комилан бехатар мебошад. Яъне њангоми гузаштан ба воситаи ин филтр об структураи худро дигар мекунад ва таркиби молекулявии об иваз шуда, тамоми ифлосињову микробњои зараровари он аз њисоби ќабатњои ионњои муњофизаткунанда ба оби софи фоиданок табдил меёбанд. Бояд гуфт, ки микробњои зараровар аз филтри "Арагон" намегузаранд, зеро ќабатњои љафсшудаи филтр хеле мустањкаманд. Аслан "Арагон" аз хока таркиб ёфтааст ва тавре ки дар сохтмон ќум тар шуда ба якдигар зичтар мегардад, ќабатњои филтри "Арагон" њам ба њамин тарз хеле ба њам љафсанд ва дар навбати худ обро тоза карда, аз ќабати худ мегузаронанд. Зеро ифлосињои об дар ќабатњои он ба монанди таркиби ќуми тар часпида мемонанд ва дар натиља танњо оби соф аз ќабати филтр гузашта метавонад. Ин заррачањои хавфноки дар об мављудбуда ба монанди парњое мебошанд, ки њангоми гузаштани об ба ќабатњои филтр дармемонанд. Њамчунин дар таркиби филтри "Арагон" нуќра мављуд аст, ки он хусусияти нест кардани микробњоро дорад. Мањз бо њамин хусусиятњо "Арагон" аз дигар филтрњо фарќ мекунад. "МАРДУМ БОЯД ЌАДРИ ТАНИ СИЊАТРО ДОНАНД" Чун аз Толиб Ќудратов дар марвиди таваљљуњи мардум ба таљњизоти ширкати

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД ***

ВЕРОСТОР: Љањонгири СУЛТОН

"Гейзер" суол кардем, гуфт, ки ба њар навъ хуб аст, аммо мардум бояд ќадри тани сињатро донанд. Ў мегўяд роњњои сердаромади савдо бисёранд, аммо ман мањз барои он ворид кардани таљњизоти обсофкуниро пешаи тиљории худ интихоб намудам, ки нафъи ин тиљорат ба мардум бештар аст. Манфиаташ барои ман кам, аммо барои мардум бисёр! "Њар нафаре, ки ба саломатии худаш ва саломатии фарзандонаш ањамият медињаду масъулият њис мекунад, њатман љињати тоза кардани оби нўшиданї дар манзилу љойи кораш аз технологияи муосир истифода мекунад. Бубинед, аксари беморињои мардум аз нўшидани оби ифлос сар мезанад. Махсусан кўдакон, ки дар боѓчањои бачагона ва мактабњо оби нољўшонидаро менўшанд ва бештар гирифтори беморињои гуногун мешаванду ин њолат волидайни онњоро нигарон мекунад. Агар таљњизоти корхонаи мо дар ќубурњои обгузари кўдакистонњову мактабњо васл карда ва њатто бидуни васл истифода бурда шавад, пас, хатари беморињо аз оби ифлос низ бартараф мешавад. Њамчунин оби беморхонањо, коргоњњо, бозорњо ва дигар комплексњо низ бояд тоза бошад, то ки саломатии мардум низ зиён набинад. Дар њамин радиф љамоатњои дењот низ барои тоза кардани оби нўшиданї аз њамон таљњизоти "Кўзаи обсофкунї", ки бе барќу васлкунї њам кор мекунад, метавонанд истифода баранд"- мегўяд Ќудратов. 235 СОМОНЇ - ГАРАВИ САЛОМАТИИ ОИЛАИ ШУМО ДАВОМИ ЯК СОЛ Албатта вобаста ба навъи об ва истифода "Гейзер" таљњизоти гуногунро истењсол кардааст. Аммо як чизи дигар моро ба њайрат овард. Чун аз намояндагии ин ширкати бонуфуз дар кишвар нархи таљњизоти обсофкуниро пурсидем, посухи онњо хеле бароямон хушоянд буд. Зеро гумон мекунем, њар оилаи тољик ва махсусан њар сокини Душанбе имкони барои нигањдошти саломатии оилаи худ харидани ин таљњизотро дорад. Бовар намекунед? Масалан, як "Кўзаи обсофкунї"-и ин ширкат бо се картриљ, ки барои истифода дар давоми сол кифоя аст, 235 сомонї арзиш дорад. Баробари нарх ва ё арзонтар аз чиптаи барномаи њунарии як сарояндаи хориљї, ки дар Кохи Борбад консерт мегузорад. Саломатии оила-ин боигарии њар кишвар аст. Тани сињат доштан њам хушбахтист. Пас ба ќадри он бояд расид ва онро бояд эњтиёт кард. Дар ин самт ширкати "Гейзер" аст, ки ба шумо мусоидат мекунад. Шањриёр

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

ruzgor@mail.ru

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 *** Нашрия дар чопхонаи «Интишор» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.

Рузгор №30