Page 1

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 21 (021), ЧОРШАНБЕ 23 октябри соли 2013

Њамкорињои Тољикистону Афѓонистон густариш меёбанд

сањ.

2

21-уми октябр Њомид Карзай, раиси љумњури Љумњурии Исломии Афѓонистон бо як сафари расмї ба Тољикистон ташриф овард.

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

АГАР ДАР ЧАЊОРЧЎБАИ ЌОНУН...

Вохўрии Латиф Пидром бо ањли зиёи Тољикистон

6

сањ.

сањ.

7

Дидору вохўрињои Латиф Пидром, шоир, нависанда ва сиёсатмадори кишвари ба мо њамсоя ва дўсти Афѓонистон...

"Рисолати адиб тарбияти инсон аст"

Бунёдгузори шеъри нав Нимо Юшиљ аст ё устод Айнї?

ИМРЎЗ наќлњои орї аз бадеият, орї аз нишонањои њунар бо номи "ќисса" дар њафтаномањои хусусї ва њатто, маљаллањо ба табъ мерасанд, ки бархе аз онњо бофтаи рўзноманигорони номуваффаќ бошанд, бахше аз маљаллањои кишварњои дигар ноуњдабароёна тарљума шудаву Александр ба Амир, Маша ба Моњбегим табдил ёфтаанд...

Шароф Рашидов ва устод Садриддин Айнї

"Дардњои љомеа аввал аз дили адибон мегузаранд"

4

сањ.

Ним моњ то интихобот: шикасти панљу пирўзии яке

«Имрўз актёре надорем, ки образ офарида тавонад» ruzgor@hotmail.com

11

сањ.

сањ.

5

info@ruzgor.tj

10 13 сањ.

сањ.

Албатта љангал бе гург намешавад. Ёфт мешаванд нафарони алоњидае, ки аз мансабњои хеш сўистифода карданї мешаванд. Вале чунин корњо бештар бо айби худи мо сурат мегиранд. Зеро худи мо дар корњоямон ба камбудињо роњ медињем. Як воќеа ба ёдам меояд. Мехостам гирди корхонаамонро девори бетонї бигирам. Кор аз нисф гузашта буд, ки тракторчие аз мардуми мањал аз беэњтиётї девори сохтаи моро мегардонад. Ин њолро дида ман ўро сахт љанг кардам. Њатто мумкин аст суханњои дурушту даѓал њам гуфта бошам. Тифоќо дар њамон наздикињо сардори ба тозагї таъиншудаи умури дохилаи ноњия, ки ман ўро намешинохтам, њузур доштааст. Ў низ маро намешинохт...

Нависанда ва ходими сиёсї Шароф Рашидов аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи раиси шањру вилояти Самарќанд...

Валаматзода устоди раќс ё Аминзода?

13 13 сањ.

сањ.

сањ.

8-9

Кї ба мо кафолат додаст, ки яке оригинал асту дигарї не? Оё пеш аз истифодаи ин "дору" мо ба дастурамал менигарем...

Хайрандеш: Чил чароѓи мањфил равшан шуд!

14 13 сањ.

сањ.

сањ.

12

Аз ин рў мо наметавонем Нимо Юшиљро саромади шеъри озоди тољик шуморем ва бо устод Айнии худамон иктифо мекунем.

Мањфилгоњи мо 40 љойи нишаст дорад. Нахустин бор њамаи љойњо банд шуданд. Яъне, иштирокчиёwww.ruzgor.tj ни мањфили гузашта 40 нафарро...


2

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттињодияњои эљодї

М

Њамкорињои Тољикистону Афѓонистон густариш меёбанд

21

УРОФИАИ додгоњии иттињодияњои эљодї ва Олга Тутубулина аз сабаби њозир нашудани даъвогарони асосї бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттињодияњои эљодї Рустам Устобев гуфтааст, ки тибќи ќонун онњо ўњдадор нестанд ба мурофиа њозир шаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки маќолаи муњаррири "Азияплюс" Олга Тутубалина бо номи "Ѓайризиёиёна дар бораи зиёї" муљиби эътирози иддае аз созмонњои эљодии кишвар, аз љумла Иттињоди нависандагон, Академияи улум шуда буд ва онњо бо шикояти дастаљамъї ба додгоњ мурољиат намуданд. Зиёиён мегўянд дар маќола ба ибораи Ленин тањќир шудаанд. Аммо љониби љавобгар бар ин назар аст, ки иддиои зиёиён ва созмонњои эљодї пояи њуќуќї надорад. Аз назари онњо Тутубалина аз њуќуќи конститутсионии худ истифода кардааст ва маќола назари интиќодии ў ба аксуламали зиёиён ба рўйдодњои љомеа мебошад. «Рўзгор»

-уми октябр Њомид Карзай, раиси љумњури Љумњурии Исломии Афѓонистон бо як сафари расмї ба Тољикистон ташриф овард. Мењмони олимаќомро дар назди Ќасри Миллат Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон истиќбол гирифт.

Дар рафти мулоќот ва музокирот доираи васеи мавзуъњои ањамияти тарафайн дошта, азљумла масоили њамкорї дар бахшњои сиёсат, амнияти минтаќавї, иќтисод, савдо, наќлиёт, нирўи барќ, маориф ва ѓайра мавриди баррасї ќарор гирифт. Роњњои њалли татбиќи амалии лоињањои минтаќавии бунёди роњи оњани Тољикистон-Афѓонистон-Туркманистон ва хатти барќии баландшиддати CASA-1000 аз Ќирѓизистону Тољикистон ба Афѓонистону Покистон дар маркази таваљљўњи тарафњои гуфтушунидкунанда буд. Дар чањорчўбаи ин сафар чањор санади нави њамкорї байни Тољикистону Афѓонистон ба имзо расид: - Эъломияи муштараки Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Афѓонистон дар бораи густариш ва тањкими муносибатњои дуљонибаро Эмомалї Рањмон ва Њомид Карзай ба имзо расонданд. Созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Исломии Афѓонистон "Оид ба њамкорї дар соњаи безараргардонии башардўстонаи минањо" аз љониби вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон Њамрохон Зарифї ва сарпарасти Вазорати корњои хориљии Љумњурии Исломии Афѓонистон Иршод Ањмадї ба имзо расонида шуд. "Протокол дар бораи ворид намудани илова ба "Созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Исломии Афѓонистон оид ба нуќтањои гузаргоњи сарњади давлатї"-ро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон Саймуддин Ятимов ва сарпарасти Вазорати корњои хориљии Љумњурии Исломии Афѓонистон Иршод Ањмадї имзо карданд. Созишнома миёни Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Исломии Афѓонистон оид ба њакори дар соњаи суѓурта аз сўи вазири молияи Љумњурии Тољикистон Сафаралї Наљмиддинов ва вазири молияи Љумњурии Исломии Афѓонистон Њазратумар Зоњирвол ба имзо расид. "Рўзгор"

Филми «Оинаи бељило» аз рўи сненарияи Бахтиёр Каримов рўи кор омадааст ва нахустнамоиши он авали моњи октябр дар кинотеатри ба номи Љомии пойтахти кишвар баргузор шуда буд. Мусиќии филм аз љониби бастакор ва сарояндаи шинохтаи кишвар Далер Назаров навишта шуда, дар он њунармандони шинохтае аз ќабили Муњаммад Алї Мањмадов, Аловуддуин Абдуллоев ва Моњпайкар Ёрова наќшњо офаридаанд.

www.ruzgor.tj

ЮНЕСКО “Љараёни озод”ро нашр кард

Б

ИНО ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тољикистон китоби мусаввареро бо номи «Љараёни озод» интишор додааст, ки ба натиљањои Конфронси имсолаи байналмилалї доир ба њамкорї дар соњаи об бахшида шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки ин конфронс рўзњои 20 ва 21-уми августи соли равон дар шањри Душанбе бо ширкати зиёда аз 1000 нафар намояндагони воломаќоми 70 кишвари љањон ва созмонњои минтаќавию байналмилалї баргузор шуда буд. Манбаъ мегўяд дар китоб натиљањои пурарзиши ин конфронс ва умуман баррасии байналмилалии масоили њалталаби вобаста ба таъмини дастрасии ањолии Сайёра ба оби тозаи ошомиданї инъикос ёфтааст. Ба наќши махсус ва намоёни Тољикистон ва Сарвари давлат Эмомалї Рањмон, ки чун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар њалли масоили обї дар сатњи љањонї эътироф шудааст, таваљљуњи хос зоњир гардидааст. «Рўзгор»

«Оинаи бељило» дар Корея

Д

ар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шањри Пусани Кореяи Љанубї пешкаш шуда буд, «Оинаи бељило»-и коргардони шинохтаи тољик Носир Саидов низ роњ ёфт. Дар суњбат бо хабаргузорињо Носир Саидов аз истиќболи гарми бинандагон аз «Оинаи бељило» изњори хушнудї кардааст ва гуфтааст, ки онро барои ширкат дар фестивали байналмилалии синамо, ки дар шањри Ченнаи Њиндустон доир мегардад, даъват кардаанд.

e mail: info@ruzgor.tj

Сужаи филм оѓозе ба масали филмњои њиндї дорад. Ятимбача Ромиш ќањрамони асоси ин филм Шањзодро ба ќатл мерасонад ва аз ќазо дили Ромишро бо дили Шањзоди ќатлшуда иваз мекунанд. Ваќте падари марњум инро мефањмад, ба хашм меояд ва мехоњад ўро бикушад. Вале тадриљан аз фикраш мегардад ва ўро мебахшад. Ин аст, ки мегўянд филм дар жанри драмаи психологї иншо шудааст. «Рўзгор»

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае,ки гузашт Президенти Русия Владимир Путин бо судури фармоне полковник Евгений Туболро фармондењи дивизияи 201 ин кишвар дар Тољикистон таъин кард. Аз дафтари матбуотии дивизия ба "Рўзгор" гуфтанд, ки Тубол дар ин вазифа Сергей Рюмшинро иваз кардааст, ки аз августи соли 2010 фармондењї мекард. Тубол 45 сол дорад ва дар кишвари Приморск ба дунё омадааст. Дар омўзишгоњи њарбї ва академияи олии нерўњои мусаллањ ва Академияи њарбии Ситоди кулли нерўњои мусаллањи Федератсияи Русия тањсил кардааст. *** Хадамоти муњољирати Тољикистон эълон кард, ки зарфи бештар аз ду моњи соли равон дар вилояти Хатлон 44 шањрванди хориљиро ба љурми будубоши ѓайриќонунї боздошт ва аз ќаламрави кишвар ихрољ кардааст. Бино ба гуфтаи ин нињод аксари касони боздоштшуда шањрвандони Афѓонистон, Чин ва Покистон будаанд. Абдулло Ќодирї, сухангўи Хадамоти муњољирати кишвар бо тайиди ин хабар дар сўњбат бо "Рўзгор" гуфт, ки њамзамон бо ин аз Федератсияи Русия зарфи ин нўњ моњ 380 нафар сокинони вилояти Хатлон ба љурмњои гуногун, аз љумла надонистани забони русї, асноди таќаллубї, надоштани иљозатномаи кор хориљ карда шудаанд. *** Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров њайати жандармерияи миллии Фаронса бо роњбарии генерал-майор Лоран Демоленро ба њузур пазируфт. Дар ин бора ба "Рўзгор" аз хадамоти матбуотии ин нињод иттилоъ доданд. Бино ба гузориши манбаъ дар љараёни мулоќот соњибмаќоми Агентї дар бораи вазъи нашъамандї дар Тољикистон, Афѓонистон ва минтаќаи Осиёи Марказї, инчунин сањми Љумњурии Тољикистон дар мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор ба мењмонон маълумот дод. Лоран Демолен изњор доштааст, ки њукумати Фаронса барои њалли масъалањои вобаста ба мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъаовар дар минтаќа, алалхусус дар Љумњурии Тољикистон таваљљўњи хоса дорад. *** Пулиси вилояти Маскави Русия аз боздошти 675 муњољири корї аз љумлаи шањрвандони Тољикистон ва Узбакистон ва оѓози 11 парвандаи љиної дар ин замина хабар дод. Ин боздоштњо рўзи љумъаи гузашта дар љараёни роњандозии амалиёти "Антикрминал" дар ноњияњои Химки, Солнечногорск ва Истра иттифоќ уфтодааст. Гуфта мешавад, ки маќомоти њифзи њуќуќи ин кишвар њар рўзи љумъаро махсус барои кофтуков ва боздошти муњољирон ихтисос додаанд. *** Мухолифони мусаллањи давлати Сурия эълон кардаанд, ки Иттињоди миллиро эътироф надоранд ва шўрои инќилобии худро созмон хоњанд дод. Онњо мегўянд ин Иттињод натавонист вазифањои дар наздаш гузошташударо њал намояд. Дар ќатори гурўњњои мусаллањ њамчунин сохторњои сиёсии мухолифон низ ба Иттињоди миллї адами эътимод карда буданд. Гуфтанист, ки Иттињоди миллии Сурия моњи ноябри соли гузашта бо дастур ва пуштибонии Амрико ва муттањидони ѓарбияш дар шањри Доха созмон ёфта буд ва чандин гурўњњои мусаллањ ва нерўњои сиёсии зидди низоми Асадро ба њам меовард. *** Дар Австралия бар асари оѓози як љангалсўзии харобиовар, ки шарќи мамлакатро ба хатар рў ба рў кардаст, њолати фавќулодда эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки маъмулан љангалзорњо дар ин кишвар моњњои тобистон оташ мегирифтанд, вале ба таври ѓайримаъмулї имсол дар миёнаи тирамоњ шурўъ шудааст. Маќомот эълон кардаанд, ки зарфи 40 соли охир ин бори аввал аст, ки ба ин њад љангалзорњо ва рустоњои атрофии он дучори хатар шудааст. *** Толибони афѓон эълон карданд, ки мулло Абдулѓанї Бародар, ки аз зиндони Покистон рањо шудааст, то њол комилан ба озодї набаромадааст. Вале то ин дам ду маротиба бо хонаводаи худ телефонї сўњбат кардааст. Маврид ба ёдоварист, ки мулло Бародар аз љумлаи саркардагони Толибон буда, муддати зиёд дар зиндони Покистон ба сар мебурд. Аммо бо дархости шахсии Њомид Карзай-президенти Афѓонистон ба хотири роњ кушодан ба гуфтушунид бо Толибон аз зиндон озод карда шуда буд. Њафтае ќабл Толибон эълон карданд, ки Покистон њанўз њам мулло Бародарро дар мањбас нигоњ медорад ва хабари озодии ў сињат надорад.


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

№21 (021) 23 октябри соли 2013

3

љавононро тадриљан мусиќии асил бояд бурд

Акнун ба сўи

Б

а њамаи хонандагони њафтаномаи “Рўзгор” салом арз мекунем. Њафтаи гузашта низ моро бо зангњои телефониву номањои худ бисёре аз хонанадагонамон шод карданд. Боварамон бештар шуд, ки доираи хонандагони «Рўзгор» меафзояд, моро бештар аз пештар мехонанд, андешањояшонро иброз медоранд, пешнињодњои судманд мекунанд. Ин хеле хуб аст, ин аслан як дастовард аст, ваќте кас мебинад, ки зањамоташ бенатиља нест, хуш мешавад. Ва моро низ њамин руњия фаро мегирад.

Њафтаи сипаришуда Камол Насриддин аз Варзоб пешнињод намуд, ки сањифаи динии “Рўзгор” њамешагї бошад ва ба андешаи хонанда чун кулли сокинони мамлакат мусалмонњоянд, пас сањифаи доимии динї бояд бошад. Мо албатта, ба хонандаи азиз фањмонидем, ки ин сањифа ќариб, ки њамеша вуљуд дорад ва мо онро сарфи назар накардаем. Вале боз њам аз гуфтаи Камол Насриддин ба ин хулоса омадем, ки сањифаи дин хонанда ва муштарии бештар шояд дошта бошад. Њидоят Оќилова аз Бохтар мегўяд њамон сањифаи ваъдагї дар бораи мушкилоти занонро ташкил накардем. Эроди љиддї буд. Њидоят гуфт, ки муддати 3 сол аст аз шавњари мардикораш хату хабар надорад. Бори тарбияи ду фарзанд бар души худи ўст. Мехоњад мо бештар ба ин масъала таваљљўњ дошта бошем. Ба модари азиз мерасонем, ки ташкили ин гуна сањифаро мо дар дастури кории худ дорем ва Худо хоста бошад, дар муносибтарин фурсат оѓоз мекунем. Вале барои мо ин гуна сарнавиштњо лозиманд, ки тавонем мавриди тањќиќу баррасї ќарор дињем. Зеро на њама занон розї мешаванд, сарнавишти талхашон ва муносибати шавњарони мардикорашон бо оилаву фарзандон дар сањифањои матбуот резанд. Албатта бо номњои мустаор метавон чизе навишт, вале мо мехоњем њар навишта њадафрас бошад. Агар дар марказ сарнавишти инсони воќеї ќарор гирад ва на бофтаву хаёлї таъсираш бештар аст. Вале бо вуљуди ин мо дар талошем ин мавзўъро пайгирї намоем. Ва инак, матлаби дигари ин бахш: МО ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ РУСИЯ “Пусть говорят» яке аз бењтарин барномањои телевизиони Русия аст ва Андрей Малахов бидуни шак ситораи телевизион аст. Ваќте ситора гуфтам ёдам аз шоубарномањои дилбазани чор шабакаи телевизиони кишвар омад ва ягон барандаи ин шабакањоро њампои Малахов наёфтам. Ва хеле афсўс. Намоиши оншаба хеле муассир буд ва гумон намекунам, ки касе онро бе њаяљону изтироби ботинї ва бе ашки чашмон тамошо карда бошад. Ин аслан як силсилабарнома аз рўзгори фоњишазани рус ва љавонмарди муњољири тољик буд.

Љавонмарди боло аз чилсолае, ки зани поку фарзандони солењи худро гузошта, домани фоњишаеро гирифтааст. Акнун оне њамбистараш аст, ки се мардро ба алоќа бо ў ва њаќи падарї доштан ба фарзанди валадуззинояш гумонбар медонанд. Ва Саиди тољик хуб медонад, ки ў танњо яке аз ин се ошиќи Елена Костирикина мебоашд. Ман дар ин барномаи фољеаи як хонаводаро дидам. Духтарони њиљобпўши зеботар аз моњ, зани хушќадуќомат ва нозанин дар баробари як фоњишаи гузаро истодаанд, вале бо падаре, ки муддати беш аз дањ сол ёди онњо накард, пархош намекунанд. Аммо номаи ман на дар ин бора аст, намехоњам он њамаро такрор кунам. “Рўзгор” кори хубе кард, ки гузорише аз он омода сохт. Як бори дигар ёди моро ба он барнома андохт. Ва суол ин аст: магар каманд ин гуна сарна-

виштњои талх? Муњољират барои ин миллат фољеањои зиёде овардааст, ки яке аз он бегонашавии падарон ба фарзандон аст. Мањмуд, омўзгор, Турсунзода АКНУН ЉАВОНОНРО ТАДРИЉАН БА СЎИ МУСИЌИИ АСИЛ БОЯД БУРД Сўњбати Фурќати Саид, ин овозхони хушсадо ва донандаи хуби “Шашмаќом” хеле муассир буд. Барои ман бахусус наќл аз олими шинохта ва файласуфи варзида Мусо Диноршоев, ки мегўяд “Шашмаќом” дар роњ дарди дили ўро таскин бахшидаву фишори хунашро ба эътидол овардааст, хеле таъсирбахш омад. Дар њаќиќат, миллати мо гирифтори як бедардии комил аз мусиќист. Имрўз пирони кор якояк рахти сафар бастанд. Мо танњо садои Одина Њошиму Зафар Нозим, Барноапа Исњоќоваю Борис Наматиев, Боймуњаммад Ниёзу Тўњфа

Фозиловаро мешунавем, вале куљоянд онњо, ки бо таронањои нав хотири мухлисонашонро шод кунанд? Афсўс, ки љои “Шашмаќом” ва “Фалак” барин мусиќии асилро Реп гирифтааст ва љавонон бештар ба ин гуна созу навои сабук рў меоранд. Ман репро њам мешунавам, вале заррае лаззат намебарам. На оњангаш муносиб аст ва на матнаш. Хеле мутаассифона, ки асолати мусиќии суннатї аз миён меравад ва маро дањшат фаро мегирад, ваќте меандешам, ки агар ин ду ё се нафаре њам ки мондаанд, рў ба реп оранд, њоли мо чї мешавад? Азизамоњ Нусратшоева, Душанбе МУСАЛМОНИИ АЙНИИ ЌАЊРАМОНРО БИНЕД... Маќолаи “Сталин: “Лаврентий, не дури, Айни не виновен” ёди њар хонандаро ба рўзгори Ќањрамони Тољикистон мебарад.

ruzgor@hotmail.com

Писари ин бузургвор мегўяд, ки “дар синни 52-солагї инќилоби болшевикиро пазируфт, вале дар њаёту зиндагї ба истилоњи имрўз на “сафед” буду на “сурх”. То охирин нафас дар баробари эљодкор будан, мусалмони комил ва домулло монд, панљ ваќт намозашро тарк накардааст...” Ин хеле олист. Дар замони Айнї намоз хондан баробар ба љиноят содир кардан буд. Вале писари устод мегўяд, ки вай мусалмони комил буд ва монд ва намозаш тарк намешуд. Зињї, Айнии бузургвор. Унвони ќањрамонї ба ту њалол. Шањобиддин, корманди савдо КЇ ГУНАЊГОР АСТ, КИ САЛИМ АЗ ФИЛМ НОРОЗИСТ? Бори аввал мешунавам ва мехонам, ки адиб аз филми офаридашуда аз рўи асараш норозї бошад. То

њол ин њолатро ёд надорам. Аксари адибон аз филмњо розианд ва ба љуз чанд эроди љузъї чизе намег-

Б

ўянд. Вале Салими Зарафшонфар тањиягари филм аз рўи повести худ “Доѓ”- «яке аз халтурачиёни соња» меномад. Филми «Доѓ» яке аз халтурањои киноматографияи тољик аст ва Муњаммадрабї Исмоилов яке аз халтурачиёни ин соња. Дареѓо, ки адабиётфањмии ин силсила киногардонњои мо дар сатњи пасти паст ќарор дорад. Шиори онњо чунин аст: “Обро лой куну моњї гир”-мегўяд адиб. Ман ин филмро надидаам ва намедонам Салим то куљо њаќ аст. Вале дањњо ин гуна филмњоро ваќти азиз сарфа карда тамошо кардаам. Аљиб он аст, ки барои коргардонњои асил сармоягузорон тухми анќоянд, вале коргардонњои навкор зуд “муваффаќ” мешаванд. Ва ман намедонам маблаѓро чї гуна ва аз куљо меёбанд. Дар њоле ки филмњояшон бинанда надорад. Ё худ, чандин сериёлњои тољикиро тавассути шабакањои телевизиони кишвар дидаам. Баъзеашон дар соддагї хандаоваранд. Сужањои заъиф мебофанд, ки боварнакарданист. Намедонам ин њамаро кї назорат мекарда бошад: Тољиккино ё Иттифоќи синомогарон. Наргис Одилова, донишљў Ин бор њам “Ањмад Зоњир ва сад шоир” бароям як сюрприз дошт. Мухлиси таронањои ин хунёгари мумтозам ва њама шуморањои “Рўзгор”-ро, ки пажуњиш чоп шудаанд, хондаам. Њар бор чизи љолиб ва наверо барои худ кашф мекунам. Аз љумла дар шумораи гузашта. Ин сюрприз маълумот дар бораи хонум Жило буд. Ман ўро пештар шунида будам ва медонистам, ки Ањмад Зоњир бештар бо ў дует хондааст. Вале намедонистам, ки Жило ба ин њад машњур буда, ки њатто Муњаммад Рафї, бузургтарин таронасарои Њинд ба хотири ў як шеъри форсиро аз бар кардаву бо ў сурудааст. Ва ин њам бароям тоза буд, ки Жило борњо ба Тољикистон омада будааст ва рўйхати сарояндагони сафари њунарии охири Жило ба Тољикистон хеле љолиб буд. Фањмидам, ки дар он њайат шахсиятњое чун Залонд, Фитрати Ношинос низ будаанд. Дар маќола аз ду таронае ёд мешавад, ки хонум Соро Залонд, хоњари Жило ду тарона бар матни Рањии Муъайирї хондааст. Ва хушбахтона, ман ин ду таронаро борњо шунидаам, аммо дар иљрои сарояндагони тољик. Њоло донистам, ки шеъри эрониву оњанги афѓонї будааст. Мустафо , Хуљанд

ОРИ аввал мешунавам ва мехонам, ки адиб аз филми офаридашуда аз рўи асараш норозї бошад. То њол ин њолатро ёд надорам. Аксари адибон аз филмњо розианд ва ба љуз чанд эроди љузъї чизе намегўянд. Вале Салими Зарафшонфар тањиягари филм аз рўи повести худ “Доѓ”- «яке аз халтурачиёни соња» меномад. Филми «Доѓ» яке аз халтурањои киноматографияи тољик аст ва Муњаммадрабї Исмоилов яке аз халтурачиёни ин соња. Дареѓо, ки адабиётфањмии ин силсила киногардонњои мо дар сатњи пасти паст ќарор дорад. Шиори онњо чунин аст: “Обро лой куну моњї гир”-мегўяд адиб.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


4

Интихобот-2013

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Ним моњ то интихобот:

шикасти панљу пирўзии яке Баъди ин дигар њарчї бигўем ё на, интихобот лаззати пешинаи худро гум кард. Охири њафтаи гузашта КМИР ба дахости Муњиддин Кабирї дар мавриди сабти номи номзади мухолифон Ойнињол Бобоназарова посухи рад дод. Аммо посухи дар нигоњи аввал ќонунї: шумораи имзоњо нокифоя. Ва баъд: Ситоди Бобоназарова маълумотномаи имзоњои љамъоваришударо сари ваќт ба КМИР пешнињод нанамуд.

Дигар аз интригањои пасипардагии интихоботї низ зиёд њарф зада шуд ва кас баъзан дар њайрат мемонад, ки ба кадоме аз он бовар кунад. Чунончї, њафтаи гузашта баъзе аз нашрияњои кишвар сабти ном нашудани Бобоназароваро бозињои пасипардагии ЊНИТ номиданд ва баъзе аз тањлилагрон дар ин амр бохти минбаъдаи њукуматро диданд. Бохти муњим латма ба обрўи байналмилалии Эмомалї Рањмон аст. Ойнињол Бобоназарова бояд сабти ном мешуд ва дар сабќати интихоботї ширкат менамуд. Зеро бино ба тањлили ИНИТ 5% имзо аз шумори умумии интихобкунандагон на 210 њазор, балки њамин 201 њазоре мешавад, ки барои Бобоназарова љамъоварї шуд. Њатто Рањматилло Зойиров дар Анљумани њизбаш изњор дошт, ки шумораи имзоњо дар њоли мавриди назар будани њамин 5% беш аз он буд, пас КМИР бояд инро ба назар мегирифт. Њафтаи гузашта коршиносон сари масъалаи љамъоварии имзоњо зиёд бањс карданд ва аксаран бар ин назаранд, ки зарфи 2 ё 3 рўз аз љониби њизбњои ба истилоњ кисагї љамъоварии ин миќдор имзо амалан номумкин буд. Масалан, чї гуна метавонист њизби демократе, ки њатто дар сатњи роњбарї иттињод надорад, дар як муддати кўтоњ ин миќдор имзоњоро љамъ оварад? Ё Њизби аграрї, ки тўли ин чор солу панљ соли охир ба ягон мушкили кишоварзон ва дењнишинон расидагї накардааст ва исми он танњо дар арафа ва рўзњои интихобот ба забон ронда мешавад, чї гуна метавонад иддио кунад, ки дар ин як муддати кутоњ миќдори зарурии имзоњоро гирд овардааст? Танњо метавон иддиои Љонишини Раиси Њизби њоким Сафар Сафаровро мантиќї шумурд. Вай гуфт, ки ин њизб њоло

www.ruzgor.tj

230 њазор аъзо дорад ва агар њамин аъзои њизб њам имзои худро дињанд, беш аз 210 њазор мешавад. Ба дигар маънї, Сафар Ѓаюрович таќаллуб дар љамъоварии имзоњо аз љониби њизбро рад мекунад. Аммо дар мавриди љамъоварии имзоњо аз љониби ИНИТ низ њадсу гумонњо зиёданд. Кам нестанд касоне, ки инро њам бозии пасипардагии Њизби нањзати исломї медонанд ва бар ин назаранд, ки њизб, ки худ ташаббускори пешбарии номзадии Бобоназарова буд, нахост бо президенти амалкунанда дар раќобат ќарор гирад. Ин гурўњ соњибназарон њадс мезананд, ки имзоњои зарурї љамъоварї шуда буданд, вале Ситоди он ба КМИР пешнињод накард. Аммо роњбарияти ИНИТ эълон медорад, ки фишорњои маќомот омили аслии љамъоварї нашудани имзоњои лозим шуданд ва барои ин дањњо шањодате дар даст дорад, ки бо гузашти замон зина ба зина шикоят кунад. Ва чуноне номзад Бобоназарова изњор медорад, аз таќаллубу фишорњо њатто ба созмонњои байналмилалї ва Кумитаи њуќуќи башари СММ мехоњанд мурољиат кунанд. Њарчанд баъид аст, ки ин ба љуз латма ба имидљи сиёсї ва байналмилалии президент чун кафили озодињои шањрвандї таъсири дигаре дошта бошад. Зеро ин худ як марњилаи њассоси байналмилалист. Муддаиёни демократия ва шаффофияти интихоботу риояи њуќуќи башар худ андармони мушкилоти хуруљ аз Афѓонистонанд. Дар ин марњила баъид аст кишваре бо зери суол бурдани шаффофияти интихобот дар Тољикистон ба мушкили афѓонистонии худ мушкили дигарро зам кунад. Њамчуноне тањлилгари масоили Эрон ва

e mail: info@ruzgor.tj

Осиёи Марказї, директори пажуњишгоњи тањќиќоти сиёсати хориљї ва ташаббусњои Русия Игор Панкратенко мегўяд, “на танњо Русия, балки Чин ва њатто ИМА моил ба таѓйири сарвари давлат дар Тољикистон дар ин марњила нестанд. Аввал ин ки њамвазни Рањмон шахсе дар олами сиёсати Тољикистон буруз накардааст. Аз сўи дигар президенти Тољикистон ин шабу рўз амнияти сармоягузорињои Чинро таъмин мекунад, љонибдори њузури низомї ва татбиќи як силсила тарњњои иќтисодии Русия мебошад. Ва ИМА низ то замони хуруљи комил аз Афѓонистон ба ивазшавии Рањмон манфиатдор нест”.

ПарвизМуллољонов “иштироки Бобоназарова сатњи норозиён аз њукуматро муайян мекард. Яъне, бо иштироки хонум Бобоназарова мо мефањмидем, ки захираи эътирозї дар Тољикистон чї ќадар аст. Нафароне, ки ба Бобоназарова овоз медоданд, он тоифаи мардум њастанд, ки як њисси эътирозї доранд ва онро бо воситаи овоз додан ба Бобоназарова иброз мекарданд. Иштирок накардани Бобоназарова ба фоидаи њукумат нест. Чун ин ба рейтинги

Масалан, чї гуна метавонист њизби демократе, ки њатто дар сатњи роњбарї иттињод надорад, дар як муддати кўтоњ ин миќдор имзоњоро љамъ оварад? Ё Њизби аграрї, ки тўли ин чор солу панљ соли охир ба ягон мушкили кишоварзон ва дењнишинон расидагї накардааст ва исми он танњо дар арафа ва рўзњои интихобот ба забон ронда мешавад, чї гуна метавонад иддио кунад, ки дар ин як муддати кутоњ миќдори зарурии имзоњоро гирд овардааст?

Рейтинги байналмилалии њукумати Рањмон баъди интихобот Вале наметавон гуфт ба ќайд гирифта нашудани Бобоназарова ба обрўи сиёсии Њизби халќїдемократї ва бахусус сарвари он бетаъсир мемонад. Агар Бобоназарова сабти ном мешуд, худи њукумат њам дарк мекард, ки миёни мардум то кадом њад обрў дорад ва барои ислоњи камбудињо чорањои таъхирнопазир медид. Зеро пирўзии Рањмон њатто дар сурати иштироки Бобоназарова низ кафолат дошт ва ба ин њељ шаку тардиде вуљуд надошт. ЊХДТ метавонист захираву имкониятњои воќеъї ва сатњи пуштибонии мардумро тањлил мекард, ки ин ба нафъи он буд. Аз сўи дигар бино ба гуфтаи тањлилгари шинохтаи тољик

ruzgor@mail.ru

сотсиал-демократии Тољикистон дар анљумани навбатии худ, ки рўзи 12 октябри соли равон дар ќароргоњи ин њизб баргузор гардид, ба ќароре омад, ки агар то 1 ноябри соли равон номзадии Ойнињол Бобоназарова ба ќайд гирифта нашавад, интихоботи президентии Тољикистонро байкот хоњад кард. Ин ягона изњороти шадидуллањн дар мавриди интихоботи ќарибулвуќўъи Тољикистон буд. Сотсиал-демократњо аз аввалинњо шуда аз тањрими интихобот сухан карданд. Ва мўњлат њам муайян карданд: то 1 ноябр. Аммо бегоњии рўзи љумъаи гузашта хабар расид, ки КМИР ба дархости Кабирї дар мавриди сабти номи номзади ИНИТ посухи рад дод. Рўзе пештар Шермуњаммади Шоњиён, Раиси КМИР ба хабарнигрон гуфта буд, ки Бобоназарова амалан номзади Њизби Нањзати Исломии Тољикистон аст, зеро пешбарии номзад тибќи Конститутсия њаќи ањзобу созмонњои сиёсї ва љамъиятист. Аммо давлат Иттињоди нерўњои ислоњтхоњро ба расмият намешиносад ва эътироф надорад. Ин дар њолест, ки Муњиддин Кабирї мегўяд Иттињоди нерўњои ислоњотхоњ нишон дод, ки метавонад як нерўи созандаи сиёсї дар кишвар бошад ва њатто тасмим гирифта шудааст, ки тадриљан он ба як њизби нави сиёсї табдил ва сабти ном гардад. Охири њафтаи гузашта таблиѓоти пешаинтихоботї расман оѓоз гардид ва тавре Абдуманнон Додоев, раиси дастгоњи КМИР иттило дод, номзадњо дар 41 шањру навоњї бо интихобкунандагонашон мулоќот хоњанд кард. Барои таблиѓот аз тариќи телевизион ба номзадњо 30 ва барои шахсони боэътимоди онњо 20 даќиќа ваќт људо шудааст. КМИР ба њар номзад 25 њазор сомонї љињати таблиѓ људо кар-

Тољикистон дар арсаи байналхалќї таъсири манфї мерасонад”,-мегўяд ў.

Тањрими сотсиалдемократњову шубњаи Шоњиён Дар њоле, ки ИНИТ њанўз дар мавриди ширкаташ дар интихобот тасмим нагирифтааст ва ё тасмим њам гирифта бошад эълон накардааст, Шўрои сиёсии Њизби

дааст. Вале њизбњои сиёсї метавонанд барои таблиѓи номзади худ то 200 њазор сомонї маблаѓ сарф намоянд. Ба сурати умум сокинони кишвар худро ба интихоботи навбатии президент омода месозанд. То баргузории он каме бештар аз ду њафта боќї мондааст. Ва пўшида њам нест, ки аз миёни ин шаш номзад имкони бештар боз њам Эмомалї Рањмон дорад. Зеро аз миёни ин њама соњибнуфуз њам ўсту хидматкарда њам. «Рўзгор»


www.ruzgor.tj

Адиб ва рўзгор

№21 (021) 23 октябри соли 2013

5

Шералї Мўсо:

"Дардњои љомеа аввал аз дили адибон мегузаранд" - Устод, мегўянд, ки нависандагї дард аст. Шералї Мўсо њамчун адиб чї дард дорад? - Љои шубња нест, ки танњо дард аст адибро маљбур мекунад, ки ќалам ба даст гирад. Ва барњаќ дардњои љомеа пеш аз њама, аз дили адибон мегузарад. Соиби Табрезї эњтимол њамин тоифаро дар мизони тањќиќ баркашида, бо њасрат гуфтааст: Њар кї по каљ мегузорад, хуни дил мо мехўрем, Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо… - Агар ба эљодиёти Шумо бингарем мебинем, ки аслан дар жанри очерк бештар эљод кардаед. Шояд очерк бештар барои гуфтани мушкилу камбуд ё худ дарди имрўзи љомеа бароятон созгортар буда? - Мушоњидаи шумо аслан дуруст аст. Ман, ки фаъолияти мењнатиамро дар муњити наљиб ва руњи оливу бешикасти коргарї оѓоз карда, баъдан тадриљан дар зинањои роњбарї боло рафтам, ба жанри очерк дил бастам. Жанри очерк ва публисистика аз жанрњои муњими адабї ба шумор меравад. Онро жанри фаврї гуфтан њам мумкин аст, чун ба рўзнома хеле муувофиќ аст. Аз љониби дигар жанри очерк жанри фаъол, яъне мубориз мебошад. Муборизи зидди нуќсу камбудњои љомеа. Он диќќати хонандаро ба масъалањои доѓи зиндагї љалб менамояд. Ва ин доѓњо дар мисоли инъикоси њаёти инсони воќеї сурат мегирад. Барои нависанда бошад, очеркнависї ќаламро пухтаву суфта мекунад ва очеркнависро дарси њаёт меомўзад. Чун нависанда дар љараёни эљоди очерк хоху нохоњ бо одамони бисёре рў ба рў гашта, шинос мешавад, њаёти онњоро меомузад ва дарк мекунад, ки њар як одам дар худ оламе дорад. -Шояд њамин буда, кї Шумо навиштанро аз очерк оѓоз карда, баъдан пардохтед ба навиштани ќиссаву њикояњо? -Албатта. Навиштани очерк барои ворид шудан ба майдони адабиёт пайроња мекушояд. Ин аст, ки бисёре аз адибони номдори мо аз ин пайроња ба шоњроњи адабу њунар расидаанд. Очеркнависї худ омўзиши њаёти инсонњо њаст. Зеро барои офаридани очерки хуб танњо истеъдоду тахайюли бадеї камї мекунад. Барои очерк бар замми истеъдоди нависандагї доштан боз дарёфти ќањрамони воќеї ва ё санад зарур аст, ки ин нигорандаро маљбур мекунад, то инсонњо ва њаёту фаъолияти онњоро омўзї. -Аммо сабаб чист, ки имрўз адибон ба жанри очерк кам рў меоранд? -Њаќиќатан имрўз дар адабиёти мо ба навиштани очерки проблемавї ва сюжетдор хеле кам рў меоранд. Ба њар сурат дар адабиёту матбуоти мо очерк офарида мешавад, аммо бештар очерки портретї, ки ин навъи очерк он ќадар ба дарди љомеа намехўрад. Сабаби камтаваљуњии адибон ба ин жанр шояд дар он бошад, ки аслан офаридани очерк зањматталаб аст. Ба таъбири њазрати Бедил "куњу кўтал" дорад ки гузаштани он маблаѓ ва ваќти зиёдро талаб менамояд. Имрўз синну соли очеркнависони мо хам ба љое расидааст. Дигар љавононе лозиманд, ки бори ин бахши адабиётро ба дўш бардоранд. Бе љавонони навќалам ояндаи жанри очерк равнаќ намеёбад. -Барои љалби љавонони эљодкор ба навиштани очерк ё осори публисистї аз љониби Иттињодияи адибон дар ин чанд соли ахир оё тадбире андешида шуда? Албатта, Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар ин маврид чорабинињое зиёдеро гузаронид ва мегузаронад, ки гумон мекунам ин барои љалби љавонон мусоидат хоњад кард. -Шумо чанд муддате сарвари Шўрои очерк ва публисистикаи Иттифоќи нависандагон будед ва суолам ин аст, ки имрўз кадоме аз адибони мо воќеан бо њисси масъулият дар рушди ин жанри муњим дар адабиёти мо сањм мегузоранд? -Имрўз дар бахши очерк ва публисистика дар адабиёти тољик адибоне маъруфе амсоли Ато Њамдам, Равшани Ёрмуњаммад, Бахтиёри Муртазо, Раљаби Мардон, Раљабалї Ањмадов, Љамолиддин Тошматов, Холназар Муњабба-

Ш

ЕРАЛЇ Мўсо соли 1973-ум бо ихтисоси муњандиси мошинсоз Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи Муњаммад Осимиро (собиќ Институти политехникии Тољикистон) хатм карда, фаъолияташро чун муњандис дар заводи "Тољикгидроагрегат", котиби дуюми созмони љавонони ноњияи њозира Исмоили Сомонии шањри Душанбе оѓоз мекунад. Њамчунин чанде сарвари заводи таљрибавии таљњизоти ѓайристандартї ва мањсулоти пластмасии НПО "Восход" ва дар дигар вазифањои масъули давлатї кор кардааст. Њоло ў вазифаи раиси комиссияи тафтишотии Иттифоќи нависандагони Тољикистонро ба уњда дорад ва корашро бо шоистагї пеш мебарад. То имрўз китобњои зиёди публисистиву бадеии Шералї Мўсо амсоли "Асоси ѓалабањои мењнатї" "Боѓи падар" "Интихоб" "Ќадр ва љазо" "Нек ва бад" "Дурбин", "Сўг" , "Осоиш" "Тулўъ дар ѓуруб" "Ошёни уќобон" "Ќомати сабзи имон" (2011), "Ќиссаи бањорї" "Чењраи модар" ба дасти хонанда расидаанд. Дорандаи нишони "Сухан" ва љоизаи адабии ба номи устод Айнї. Хабарнигори "Рўзгор" Бањман бо Шералї Мўсо атрофи вазъи имрўзи очерк дар адабиёти тољик ва эљодиёти худи ин нависандаи шинохта суњбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

тов, Худойназар Асозода, Маљид Салим, Мирзо Ќосим ва Исроили Иброњиму Муњаммадљон Мирзошоев ва чандин нафарњои дигар хизмати арзанда кардаву ин љодаро идома дода истодаанд. Њамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар ин радиф устодони насри муосири тољик Мењмон Бахтї, Абдулњамиди Самад, Кароматуллоњи Мирзо, Саттор Турсун, Ўрун Куњзод бо сахтгирї ва фидокории хеш на танњо дар ривољу равнаќи жанри публисистика, балки дар тарбияи маънавии мардум ва рушду нумўи љомеа сањми босазо доранд. Онњо бештар маќолањои публисистии худро ба мавзуъњои муњим, чун таќдир, ќадру манзалат ва рисолати инсон, ба адабиёт, сиёсат ва рисолати инсон ихтисос дода, бо баёни покизаву бо дард пеш-

Агар шахсеро бинам, ки ѓамгин нишастааст, байте ва ё латифае мегўям, то ѓуссаро аз ќалби ў берун кунам. Аксар маврид ин рафторам ба он шахс маъќул шуда, хушњол мегардад. Руњи хастааш љон медарорад. каши хонанда гардонидаанд. - Устод, дар ин чанд муддати охир чї асари тозае навиштед? - Соли љорї ду китобам - "Мардистон" ва "Ситам" чоп шуда ба дасти хонанда расид. "Мардистон" китобест хонандаро ба зањмат, бурду бохт, талошу набард ва рўзгори сохтмончиёни наќбњои Шањристон ва Чормаѓзак ошно месозад. Ватандўстї, фидокорї, њифз кардани шарафи инсонї, масъулият дар назди дирўз, имрўз ва фардо хислатњои њамидаи ќањрамонњои асосии достонанд. "Ситам" бошад оиди тахту њамвор набудани роњи зиндагї, гардишњо, пастиву баландињо ва фарозу нишебњои бисёре дорад, ќисса мекунад. Тай кардани ин роњ, ки барои њар як инсон озмоишу имтињон аст, ба ќудрату ирода, дилу ният, рафтору кирдору шахс вобаста аст. -Аммо хонанда имрўз Шуморо њамчун нависандаи осори бадеї њам мешиносад. Махсусан ќиссањои Шумо "Тулуъ дар ѓуруб" ва "Ќомати сабзи имон" аз љониби хонандагону мунаќќидон бањои сазовор гирифтанд. Чї чиз мўљиб шуд, ки устод Шералї Мўсо рў овард ба навшитани осори бадеї? Дар мавриди ин ќиссањо чї мегўед?

- Ман дар мавриди навиштањои худам чизе гуфта наметавонам. Инро хонандаи хушмутолиа ва муњаќќиќони сахтгиру борикбин бењтар медонанд. Вале чун Шумо аз ин бобат маро пурсидед, мехоњам инљо андешањои олимони тавонои тољик Мисбоњиддин Нарзиќул ва Шамсиддин Солењро оиди ќиссањои "Тулуъ дар ѓуруб" ва "Ќомати сабзи имон" оварам. "…Ќиссаи "Тулуъ дар ѓуруб"-и Шералї Мўсо аз дигар асарњое, ки бо унвони ќисса пешнињод шудаанд, аз нигоњи њаљм имтиёз дорад. Бунёди ќисса њаёти воќеии шахсиятњо аст ва нависанда бо рангу бори адабї асари хондании хубе офаридааст. Симои духтари фиребхўрда, нољавонмардии булњавасона ва паёмади зиндагии онњо баёнгари гўшае аз зиндагии њамзамонони мо мебошад. Дар хилоли воќеоти ќисса нависанда ба масъалањое, амсоли муносибати муѓризонаи устоду донишљў, ки оќибат ба таѓйири шахсият анљомидааст, муњити љавонони булњавас, воќеањои бањманмоњи хунин, дањшати љанг, мењри фарзанд ба падар… дахл кардааст, ки дарак аз вазъи носолими љомеа медињад. Бо вуљуди он ки ќисса аз оѓоз бо рўзгори фољиабори шахсият алоќаманд аст, анљоме нек дорад. Яъне, дар зиндагї некбин бояд буд, он сарфи назар аз нокомињо идома дорад. Маълум мешавад, ки нависанда дар тасвири рўњияи шахсияти асосии асари худ кўшиши зиёд ба харљ додаст…" Шамсиддини Солењ дар мавриди ќиссаи "Ќомати сабзи имон" гуфта, ки "нависанда масъалаи нангу номус ва ифтихору шарафи инсонро тавассути дар рўзнома ба нашр расидани эълон дар бораи орденхарї ба миён мегузорад. Бобои Расул шахсест, ки як умр ба хотири нангу номус ва бадастовардани ифтихору шарафи инсонї мубориза бурдаасту зиндагї намудааст. Вале дар пирї ў ба беномусињое дучор меояд, ки онњо тањаммулнопазиранд. Ин пеш аз њама орденхарию орденфурўшї, ѓоратгарию бадахлоќии Аљик, њаромхўрию нокасии Зафари Саид, сардори милисањо, бешарафию ноодамии сардабир ва ѓайра. Њамаи ин косаи сабри пирамардро лабрез мекунад. Вай ба муќобили ин беадолатињо мубориза кардан мехоњад, вале такягоње, дастгире надорад. Ноодамону хилофкорон замонаро бањона карда, амалњои ношоистаашонро чун талаби давру замон сафед кардан мехоњанд. Вале ин чун сарнавишти Аљик ва ќасри бебаќост. Зиндагї худаш довари якрўст ва он тадриљан њамаро дар љои худаш мегузорад. Зимни мутолиаи ќиссаи номбурда хонанда худаш ба чунин хулоса

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

мерасад. Воќеањои мавриди тасвир, шахсиятњо ва бархўрдорњои Бобои Расул бо касони пастфитрату каммоя, сўњбату муколамањои ў хеле пурэњсосу пуршиддат мебошад. Аз ин љињат, чењраи бадеии Бобои Расул бисёр љолибу хотирмон мебошад. Бояд гуфт, ки њунару истеъдоди чењранигории муаллиф дар тасвири шахсиятњои рўзгордидаю соњибтаљриба дар симои Бобои Расул равшан ба назар мерасад. Дар тасвири нависанда образи рамзии орден наќши созмондињандагиро дар сохтори ќисса ифо менамояд ва онро метавон аз љумлаи бозёфтњои эљодии ў мањсуб кард. "Ќомати сабзи имон" аз нигоњи мазмуну муњтаво, сабки нигариш ва консепсияи эљодии нависанда аз љумлаи ќиссањои хубу хонданї ва хотирмони насри имрўза аст…" Манзур аз овардани ин иќтибосњо аз адабиётшиносон на худситої, балки дар он буд, ки хонандаи нуктасанљи "Рўзгор"-ро бо муњтаво ва мундариљаи ин ќиссањо ошно карда бошам. Агар воќеан ин навиштањои ман дар адабиёти имрўзи тољик мавќеъ пайдо карда бошанд, худро њамчун ќаламкаш хушбахт мењисобам. -Аз рўи мушоњидањои ман Шумо дар бисёр маљлисњои Иттињодияи адбион ва умуман дигар маъракањо, телевизиону радио сухан меронед. Дар кадом маврид сухан меронед ва оё ин нафъе дорад? - Албатта, ман њамеша сухани нек, хайр ва хубро мегўям. Зеро чуноне ки Ширин Бунёд ,руњашон шод бод, гуфтаанд: Гуфтори накў накўтарин ихлос аст, Буррандатар аз теѓи алмос аст. Берун бикашад мор зи сўрох аљаб, Ин хикмати аљдод ба мо мерос аст. Агар шахсеро бинам, ки ѓамгин нишастааст, байте ва ё латифае мегўям, то ѓуссаро аз ќалби ў берун кунам. Аксар маврид ин рафторам ба он шахс маъќул шуда, хушњол мегардад. Руњи хастааш љон медарорад. Љавони сархушеро бинам, ки табъи њампањлуњояшро хира карда истодааст, њамзамон панде аз пирони рўзгордида мегўям. Ва сари маст паст мешавад, чуноне Соиб гуфтааст: Сухангў њаме бояд, ки њангоми гуфт, Тавонад дили мустамеъро шукуфт. - Имрўз машѓули кадом коред? - Солњост, ки рўйи китобе дар бораи Неругоњи барќи обии Роѓун, ки онро Президенти Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон "њастии миллати мо ва њаёту мамоти давлати Тољикистон" номидааст, кор мекунам. Аз Худо кушоиш мехоњам, ки соли оянда ба поён расад. -Хуб ташаккур барои суњбат… Суњбати Бањман, «Рўзгор»

www.ruzgor.tj


6

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Рўзгори адиб

www.ruzgor.tj

М

МАРЯМБОНУИ ФАРЃОНЇ:

АРЯМБОНУИ Фарѓонї соли 1956-ум дар дењаи Ровони ноњияи Сўхи вилояти Фарѓона ба дунё омадааст. Фаъолияти мењнатиаш аз мактаби дења шуруъ гардида, то соли 1984-ум омўзгори фанњои забон ва адабиёти тољик будааст. Охири соли 1984 ба Тољикистон омада, то охири соли 1989 дар Маркази методии назди Вазорати маориф ба њайси методисти калон кор карда ва баъдан ба кори рўзноманигорї мепардозад. Аз Марямбонуи Фарѓонї то имрўз панљ асари насрии мураттаб аз ќиссаву њикояњо амсоли "Афсонаи тамаддун", "Њадиси Риштон", "Хуморшикан", "Чањор ќисса" ва "Шањболи хаёл", инчунин, ду дафтари ашъор "Исои ман шав" ва "Нури ахтарпорањо" мунташир шудаанд. Марямбону дорандаи Љоизаи адабии байналмилалии ба номи Б.Пастернак, "Нишони сухан", љоизаи адабии ба номи Садриддин Айнї ва Аълочии матбуот, фарњанг ва маорифи Тољикистон аст.

намекардам. Аз шеъри клоссикї бањрањо бурдаам, ошиќи ашъори устод Лоиќу Сергей Есенин ва њикояњои Шукшин будаму њастам. Ташнагиамро аз адабиёти муосири тољик асосан бо хондани "Садои Шарќ" мешикастам. Аз сањифањои њамин маљаллаи муътабар бо осори устодон Фазлиддин Муњамма-

бисёр сарду тўфонї буд. Саропо меларзидам. Ногањон аз баландгўяк хабари оѓози ќайди њуљљатњо ба тайёраи Хўканд - Душанберо доданд. Ба гўшам калимаи Душанбе чун нидои љонбахш расид. Аз љой хестаму рафтам назди ѓуфраи чиптафурўшї. Пурсидам, ки аз Душанбе ба Тошканд рўзе чанд бор рейс мешавад ва нархи чипта чанд аст? Љавоби ќонеъкунанда гирифтам ва билети дастамро ба чиптаи хатсайри Хўканд - Душанбе иваз кардам. "Ба дил мегуфтам, ки сайр њам сайру саргардонї њам. Ин љо сармо хўрда шиштан маънї надорад. Бењтараш, ваќтро ѓанимат шуморида,

гуфтанд, ки он кас ба Институти такмили ихтисоси муаллимон гузаштаанд. Муаллимро дар коргоњашон пайдо кардам, ки тараддуди хонаравї доштаанд. Ба манзилашон даъват карданд. Он шаб чанд нафар фарѓонагиёни муќими Душанберо, ки журналист будаанд, ба мењмонї хонданд. То дер суњбати гарм доштем. Онњо маро талќин мекарданд, ки дар Тошканд чї гум кардаї, бимон ин љо, ки барои як ќаламкаш муњити адабии Душанбе созгор аст! Ва ман њам дигар хаёли Тошкандравиро аз сар бадар кардам. Панљ сол методисти калони Маркази методии Вазорати маориф будам, сипас, ба кори рўзноманигорї гузаштам. -Ва бахти оилавиятонро њам њамин љо ёфтед… -Бале, њамин љо бахтамро ёфтам, соњиби ду фарзанд шудам. Онњо маро бибии шаш набера карданд. Воќеан, духтаронам Ситорабонуву Мањпорабону хатмкардагони факултаи журналистикаи ДМТ њастанд. Аз рўйи ихтисос кор мекунанд. -Як занро чї маљбур мекунад, ки хома ба даст гирад? - Ќалам ба љинсияти эљодкор коре надорад. Њавасбозон ба манзили мурод намерасанд. Нависандагї сарнавишт аст. Шояд хутбаи мову ќалам дар арш хонда шуда бошад. Ман аз њар чизу њар кас дил канда метавонам, аммо аз ќалам не. -Дар мањфили адабие дар Иттифоќи навиандагон насри бадеии бонувон баррасї шуда буд… Ба назар чунин мерасад, ки дар адабиёти мо нисбат ба солњои пешин бонувони насрнавис зиёд шуда истодаанд. -Шеър гуфтан кори осон нест, аммо зањмати насрнависї бештар аст, ба андешаи банда. Барои эљоди асари комиле, ки воќеан њунармандона навишта шуда бошад, нави-

"РИСОЛАТИ АДИБ ТАРБИЯТИ ИНСОН АСТ"

-Марямбонуи Фарѓонї аз кай ба навиштан шуруъ карда? -Ман мисли аксари ќаламбадастон, ки мегўянд аз 6-7 ва ё 8-солагї нахустин шеърашонро гуфтаанд, набудам. Вале дар таъсири апаам Мастура ба мутолиаи осори бадеї барваќт оѓозидам. Шояд хонандаи синфи 3-4 будам, ки аз китоби "Хрестоматия" -и апаам аз бењтарин порањои насри бадеї лаззат мебурдам. Китобњое, ки он солњо ба таври комил мутолиа кардаам, "Мактаби кўњна" -ву "Ятим" -и устод С.Айнї ва "Субњи љавонии мо"и устод С.Улуѓзода буданд. Аслан дар муњити хонаводаи мо ќариб њама китобхон буданд. Аз њамсарони таѓоњоям яке дўстдори ќиссањои ошиќї буд, дигарї ошиќи афсонањои "Хазору як шаб". Бобоям (эшон хатмкардаи мадрасаи Хўканд буданд) ёдам меояд, ки дар гирди сандалї "Амир Њамза" мехонданд, ашъори Хоља Њофизу Бедил мехонданд… Сабки ба худ хосе дар ќироати шеър доштанд. Ваќте бобоям китоб мехонданд, бибиам, модарам, апааму янгањоям, дар њоле ки дарз медўхтанд, дам ба дарун кашида гўш меандохтанд. Бибиам, ба фикри ман, чандон ба маънои он чї мешунавид, сарфањм намерафт, вале шояд дар таъсири оњанги њазини ќироати бобоям бошад, беист ашк марљон мекард. Ман то њол намефањмам, ки чаро аз шунидани байти маъруфи Хоља "Агар он турки шерозї ба даст орад дили моро, Ба холи њиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро" модаркалон бо нидои "вой-е!" ѓубори зиндагиро бо оби дида мешуст… Ба ѓайр аз математика ба њамаи фанњо шавќ доштам. -Шояд сабаби ба майдони адабиёт омадани Шумо њам њамин муњити солими оилаест, ки дар он тарбия ёфтаед? -Шояд, аммо муносибатам нисбат ба адабиёт њанўз аз њамон айём ошиќона буд. Њам насрро дўст медоштаму њам назмро. Ваќте хонандаи синфњои болої будам, њамчун супориши комсомол ду вазифаро иљро мекардам: масъули газетаи девории "Адаб" ва рассоми "Љайра". Барои газетаи девории "Љайра"

www.ruzgor.tj

воќеањои хандаовари њаёти бачањои танбалу дарсгурезро гоњо латифа ё назм мекардам. Дар асоси хотирањои он айём њикояе њам дорам бо номи "Сегўша", ки чанд сол муќаддам эљод шудааст. Нахустин чизе, ки аз навиштањои ман дар газетаи мањаллии "Њаёти нав" (њоло "Садои Сўх") чоп шуд, иншои озоде буд тањти номи "Шаби боронї". Муаллими адабиётамон Муњаммадамин Саидбеков матни иншои маро бо андак тањрир бо номи њикоя ба редаксия фиристода будааст. Ин амали хайрхоњонаи омўзгорам гўиё маро чароѓи рањнамо гардид. Ў ба ман китобњои бењтаринро аз адибони бузург тавсия мекард. Таъкид мекард, ки тамоми навиштањои устодон Айнї, С.Улуѓзода, Љ.Икромиро хонам. Рўзе набуд, ки ба китобхона надаромада бошам. Китоби нав, ки ёфтам, хобу хўрро фаромўш мекардам. Батадриљ ба адабиёти љањон рў овардам. Чун наметавонистам њамеша китобњои тољикї ёбам, бархе аз осори А.П.Чехов, Л.Толстой, Артур Конан Дойл, Ги де Мопассан, Робиндранат Тагор, Нозим Њикмат, Чингиз Айтматов…-ро бо забони ўзбакї хондаам. Муаллимам маслињат медод, ки бештар ба устухонбандии ин асарњо эътибор дињам, аз њунари сюжетофаринии он нависандагон бањра бардорам. Навиштаи носирони ўзбакро низ меписандидам. Роману повестњои Абдулло Ќодирї, Шўњрат, Одил Ёќубов, Саид Ањмад, Абдулло Ќањњор, Ўлмас Умарбеков … ба дилам наздик буданд. Воќеан, аксари ин эљодкорон, аз љумла А. Ќодирї ва А.Ќањњор аслан тољик њастанд. Ба пиндори ман, хоњу нохоњ дар нигоштаи ин адибон тарзи зисти тољикони шањрнишин, махсусан водии Фарѓона эњсос мегардид. Ман њељ гоњ ќањрамонњои асарњои эшонро ѓайритољик тасаввур

e mail: info@ruzgor.tj

диев, Сорбон, Ўрун Кўњзод ва як зумра адибони љавони он давр, аз љумла, Љонибек Акобиров ва Абдурофеъ Рабиев шинос шудаву дар пайравии онњо ќалам кашидаам. Айёми наврасї бо имзои Марям Эшонљонова њамагї ду њикояву чанд латифа, солњои донишљўйї (факултаи забон ва адабиёти тољики Донишкадаи омўзгории ба номи Садриддин Айниро дар Самарќанд хатм кардам) се-чор њикоя чоп кунонидааму бас. Яъне, он солњо ман асосан хонанда будам. Ният доштам баъди хатми мактаби олї ба Душанбе биёям ва тањсилро дар аспирантура давом дињам. Аммо бар асари як садамаи автомобилї модарам, ки моро ба рўзи бевагї ба воя мерасонд, рањматї шуд ва сарпарастии ду додару хоњари ятимам ба дўши ман афтод. Маљбур шудам, ки зиёда аз њафт сол дар мактаби зодгоњам аз фанњои забон ва адабиёти тољик дарс гўям, то додару хоњараконам донишљўёни макотиби олї гардиданд. Дар баробари кори омўзгорї пайваста ба рўзномаи "Њаќиќати Ўзбекистон" (њоло "Овози тољик") хабару маќола ва њикояњо менавиштам. Мудири бахши адабиёт ва санъати ин рўзнома Љонибек Ќувноќов (равонаш шод бод) дастгириам мекард. Тез-тез ба Тошанд рафтуо доштам. Оќибати ин њамкорињо чунин шуд, ки маро ба кор даъват карданд. -Ва аммо Шумо ба Душанбе омадед… -Охирњои моњи декабри соли 1984 баъди чоряки дуюми соли хониш озими шањри Тошканд шудам. Чиптаи тайёра дар даст зиёда аз яку ним шабонарўз дар фурўдгоњи шањри Хўканд интизори њавои мусоид будам. Баъд аз њар як соат эълон медоштанд, ки бар асари бадии њаво Тошканд омодаи ќабули њавопаймо нест, аз ин рў парвоз боз ба таъхир афтод… Њавои Хўканд низ

ruzgor@mail.ru

ба шањри орзуњоям Душанбе, ки ягон бор надидаам, меравам. Соате чанд тамошо мекунам. Сипас ба самолёти Тошканд мешинам…" Он рўз њавои Душанбе софу беѓубор буд, офтоб саховатмандї мекард. Аљабам аз набудани барф не, аз гулу буттањои шукуфон буд! Аз дил гузарондам, ки агар фасли дайи ин шањр чунин аст, бањораш чї сон бошад?" Бањри дилам воќеан кушода шуд. Бо нияти тамошои шањр таксиеро киро кардам. Ронандаи

И

санда зањмати зиёд мекашад. Наср дар баробари истеъдоди фитрї таљрибаи зиёди зиндагї талаб мекунад, сабру тоќати беандоза мехоњад. Дар гузашта њам духтарони насрнавис доштем. Бисёрињо баъди интишори чанд њикоя ва њатто, китобе ин љодаро тарк гуфтанд, ки сабабаш шояд дар баробари рисолати модарї, иљрои вазифањои як кадбону дар хонавода, азоби паймудани ин љодаи душворгузар бошад. Бархењоро умр вафо накард. Мо Садбарг

мрўз наќлњои орї аз бадеият, орї аз нишонањои њунар бо номи "ќисса" дар њафтаномањои хусусї ва њатто, маљаллањо ба табъ мерасанд, ки бархе аз онњо бофтаи рўзноманигорони номуваффаќ бошанд, бахше аз маљаллањои кишварњои дигар ноуњдабароёна тарљума шудаву Александр ба Амир, Маша ба Моњбегим табдил ёфтаанд. Ва аљаб ки ќисмате аз чунин "осор" ба сифати китоб нашр њам мешаванд. Дар аксари чунин "асарњои бозоргир" зани тољик "ќањрамон"-и манфист...

миёнсол дар андак ваќт кўчаву хиёбонњои асосиро тамошо дода, мехост, ки ба фурўдгоњ бозгардонад. Худ ба худ гуфтам: "Саросема баргаштан чї лозим, Марям, ту-ку як умр орзуи тамошои телевизиони тољикро доштї. Љоњои диданї њанўз њастанд. Шабро дар мењмонхонае рўз куну ягон филми тољикї бин, осорхонаеро тамошо кун, ба идораи рўзномаву маљаллањо раву навиштањоятро пешкаш кун. Шукр, дар љомадонат чанд њикоя дорї…" Ронанда ба 2-3 мењмонхона роњбаладиам кард. Дар њама љо яксон бо чунин навиштаљот лавње овезон буд: "Љой нест". Рўз мерафт, дилам ѓаш меовард. Шабро куљо сањар кунам? Яке Бегалї Болтаев ном њамшањриамон ба хотирам расид. Шунида будам, ки дар Вазорати маориф кор мекунад. Дар вазоратхона

ном духтари соњибќаламе доштем, Муаззама Ањмадоваи накўрафтор доштем. Њанўз солњои њафтодуми асри гузашта устод Фазлиддин Муњаммадиев Мањбуба Турсунова ном насрнависи самарќандиро дуои нек дода буданд. Ў соњиби чандин маљмўаи њикояњост. Дар њавзаи адабии Самарќанд имрўз њам насрнависон аз љинси латиф вуљуд доранд. Устод Гулчењра низ дар наср ќалами хешро санљида буданд, устод Гулрухсор ду асари калонњаљми насрї нигоштаанд. Сафия Носирова барои кўдакон осори хубу намакин эљод мекунанд… Ман аз мутолиаи навиштањои номбаршудагон як чањон лаззати маънавї бардоштаам. Бадбахтона, дар он мањфиле, ки ёдаш кардед, навиштањои њавасбозони ин майдон низ чун моли адабиёт ба забон оварда


www.ruzgor.tj

Аз рўзгори њамсояњо шуданд. Имрўз наќлњои орї аз бадеият, орї аз нишонањои њунар бо номи "ќисса" дар њафтаномањои хусусї ва њатто, маљаллањо ба табъ мерасанд, ки бархе аз онњо бофтаи рўзноманигорони номуваффаќ бошанд, бахше аз маљаллањои кишварњои дигар ноуњдабароёна тарљума шудаву Александр ба Амир, Маша ба Моњбегим табдил ёфтаанд. Ва аљаб ки ќисмате аз чунин "осор" ба сифати китоб нашр њам мешаванд. Дар аксари чунин "асарњои бозоргир" зани тољик "ќањрамон"-и манфист. Агарчи чунин муносибат ба ќалам дар миёни мардњо њам ба назар мерасад, ман ба он хотир аз бонувони насрнавис сухан ба миён овардам, ки Шумо аз он мањфил ёд кардед. Аз "муњаќќиќ"-е, ки дар мисоли корбасти феъли "мегумонид" забони нигориши нависандаро пур аз лакнату гирењњо медонад, чиро интизор будан метавон? Пеш аз он ки кас даъвои адабиётшиносї кунад, забони навиштаи худашро андаке суфта гардонад, балки алифбои суханро омўзад, аќаллан љумлае равон навишта тавонад. Хуб мебуд, агар он хоњари моро устодонаш дуруст рањнамої мекарданд, њељ не, аз Фарњанги дуљилдаи забони тољикї шарњи калимаи "гумонидан"ро аз назар мегузаронид, ки мураттибон гумон кардан, фарз кардан, тасаввур кардан ва пиндоштан тафсир карда, аз "Шоњнома"-и азимушшаън чанд мисол овардаанд: Гумонад, ки аз теѓи ў дар љањон Биларзанд яксар кењону мењон. Ва ё Сипоње, ки сагсор хонандшон, Палангони љанги гумонандшон. Дар ќолаби феъли "мегумонид" аз адабиёти клоссикиву муосир, чи дар назму чи дар наср, шояд садњо ва њазорњо мисол овардан имкон дошта бошад. Ман махсус ба чашм айнак гирифта, китобњои зиёдро барои исботи фикр тагурў накардаам. Шумораи њаштуми маљаллаи "Садои Шарќ"-ро вараќ мезадам, ки соли љорї интишор ёфтааст. Дар он матни маърўзаи Гулмоњи Шозиёї низ аз мањфили фавќуззикр тањти унвони "Симои зан дар эљодиёти бонувони насрнавис" љой дода шудааст. Шумораи мазкури маљалла њикояи хуби Юнус Юсуфї "Рањчароѓ"-ро низ чоп кардааст. Банда њамчун нишони салосати сухан мисоле аз он њикоя меоварам: "Меангорад, ки агар соатро бубинад ва дар кадом пораи рањбудани ваќтро бидонад, ба овозњои косаи сар такон мезанад, бештар девонаашон мекунад ва ба ин бањона худ аз аќл бегона мешавад." (сањ. 11). Бале, ман ин мисолро њамчун ифодаи нозукбаёнии муаллифи њикоя овардам, на ба мисли бонуи Шоњзиёї, ки бо овардани љумлаи солими "Баъзењоро аз аќиб Мањбону мегумонид, чун рўяшонро медид, умед бармедошту музтар мегашт" ба њусни нигориши як нависанда бе њељ њарос хати батлон кашидааст: "Мутаассифона, забони ў хеле њам лакнату гирењњое дорад, ки мисоли равшани он њамон вожа ё таъбири "мегумонид" аст. -Яъне Шумо ин гуна наќдњоро ќабул надоред? -Ба тањќиќи осори бадеї бо дилу нияти росту пок даст бояд зад ва барои аз њам људо кардани сараву саќат китоб бояд хонд! Ба андешаи инљониб, баъзан "соњибназарон"-и замони мо ба хотири хурсанд кардани дили фармоишгарони худ ќалам ба даст мегиранд, то бо неши ќалам андешаи солимро зањролуд кунанд. Вагарна фањмишњои "тоза"е дар адабиётшиносї, ба мисли "насри занона", "адабиёти маъюбон" пайдо намешуданд. Бонувон ва љанобони хомакаш, бидонед, ки адабиёт адабиёт њасту бас! Рисолати он тарбияти инсон бошад. Офарандаи осори бадеї нависанда ном дорад, дигар њељ. Нависанда бояд дар мењвари асар, новобаста аз он ки ќањрамонаш зан аст ё мард, таќдири инсонро љой дињад ва њунари нависандагї намояд. -Ташаккур барои суњбат Суњбати Бањман, «Рўзгор»

№21 (021) 23 октябри соли 2013

7

ДУ ЧЕЊРАИ ДУРАХШОНУ ТОБНОК (дар њошияи дувумин солгарди шањодати устод Бурњонуддин Раббонї ва интихоботи ќарибулвуќўи Афѓонистон)

А

з он љо, ки таърих баёнкунандаи зиндагии миллатњо ва зиндагии ќањрамонону навобиѓ аст, алано мегардад, ки ќањрамонону нобиѓањо дар майдони дардњо, ранљњо ва сахтињо шамъвор сўхтаву нурафшонї карданд ва чун ситора дар осмони муборизоти исломии кишвари худ дурахшиданд. Доктор Салоњуддин Раббонї ва устод Атомуњаммади Нур ба сони шањоб дар осмони муборизоти исломии Афѓонистону минтаќа дурахшиданд ва равзанаи умедро ба рўйи миллати Афѓонистон кушоданд.

Амирњамза Сањрої, Ин ду шахсияти барљаставу шуњратёру номдор аз шогирдону пайравони рањбари шањид, профессор Бурњониддин Раббонї (Худо рањматаш кунад) њастанд ва муваззафанд, ки ормонњои муќаддаси ўро бароварда созанду парчами иззату ливои ифтихореро, ки устод барафроштаву ба эњтизор дароварда буд, онро баланду парта-

вафшон нигоњ доранд ва интиќоми хуни поки роњбари шањидро аз душманони кўрдилу сиёњтинат бигиранд. Чунончи номдори таърихи Афѓонистон Атомуњаммади Нур мегўяд: «интиќоми хуни роњбари шањидро хоњам гирифт ва душманонро бепосух нахоњам монд. Ман яќин дорам, ки њар ќатраи хуни Роњбари шањид, ки заминро рангин сохта, дањњо њазор љавони барўманду фидоиро мерўёнад ва чароѓеро, ки устоди шањид барафрўхта буд, равшан нигоњ медорад». Хуни ноњаќ даст аз домони ќотил барнадошт, Дида бошї лаккањои домани ќассобро. Аз онљое, ки банда ин ду шахсиятро аз наздик мешиносам ва ифтихори мулоќоту хидматгузории ишонро дорам, мутмаину боварманд бар инам, ки ин ду чењраи шинохташуда метавонанд Афѓонистонро аз ин њама мушкилоту чолишњое, ки домангири ин миллати сарбаланд аст, наљот дињанд ва Афѓонистонро ба сўйи рушду камол рањбарї кунанд. Нањзатро, ки ин ду шах-

сият баъд аз шањодати рањбари шањид рањбарї мекунанд, Афѓонистоншумул њамапазир аст. Чунончи дар даврони љињоду муќовимат намояндагони аќвоми мухталифи Афѓонистон худро дар бистари ин нањзат медиданд ва љойгоњи аќвоми мухталиф дар ин нањзат тасбит шуда буд. Њеч ќавме бар ќавми дигар бартарї надошту баъд аз он њам ин силсила идома дорад ва намояндагони аќвоми мухталиф аз гўшаву канори Афѓонистон узвияти ин њаракатро доранд. Њама медонанд, ки номдорони таърихи љињоду муќовимати Афѓонистон ќањрамони миллии кишвар – инљинер Ањмадшоњи Масъуд, Забењуллоњи шањид, Абдулњайи Њаќљў, Мулло Наќибуллоњи Охўндзода, Абдулбасири Холид, Ѓуломмуњаммади Ориёнпур, Аламхони Озодї, Муаллим Некмуњаммад, Амир Муњаммади Исмоилхон, Алоуддинхони шањид ва устод Атомуњаммади Нур ва дањњову садњо тани дигар ё аз фарзандони маънавии устоди шањид ва ё пайравони мактаби ў буданд ва ин њама номдорони

таърих ифтихори узвияти мактаби рањбари шањидро доштанд. Афѓонистон дар остонаи интихобот аст ва ќарор аст, ки зимоми ояндаи Афѓонистон аз тариќи интихоботи озод, шаффофу дур аз таќаллуб муайян гардад. Ба яќин метавон гуфт, ки мавќифгирии Љамъияти Исломии Афѓонистон тањти рањбарии доктор Салоњуддин Раббонї ва устод Атомуњаммади Нур дар ќиболи интихобот пешраву сарнавиштсоз аст ва метавонанд, ки муъодилоти сиёсиро дар кишвар раќам зананд. Ин ду чењраи тобнок, ки аз миёни тўдањои мардум чењранамої карданд ва садњо њазор тарафдор аз њар гўшаву канори Афѓонистону аз аќвоми мухталиф доранд, исрор ва таъкид бар он доранд, ки интихобот бояд дар фазои озод ва дур аз таќаллубу сохтакорї баргузор гардад. Чун медонанд, ки љамъият дар интихоботи озоду шаффоф раќиб надорад ва барандаи интихобот аст. Ва миналлоњи тавфиќ.

Вохўрии Латиф Пидром бо ањли зиёи Тољикистон

Д

Устод Мўмин Ќаноат, Шоири Халќии Тољикистон, Љўрабек Назриев, узви вобастаи АИ ЉТ, Акбаршоњ Искандаров, Худої Шарифов, доктори илмњои филологї ва дигар шахсиятњои маъруфе, ки дар ин шабнишинї њузур доштанд, дар бораи хидматњои Латиф Пидром дар тањкими муносибатњои фарњангии Тољикистону Афѓонистон ва инчунин роњњои боз њам вусъат бахшидани равобити сиёсиву иќтисодї ва фарњангии байни ду кишвар ибрози андеша намуданд. Дар ин вохўрї Муњаммад Зоњири Аѓбар, раиси Кумитаи миллии олимпиии Афѓонистон дар бораи пешрафтњое, ки дар соњаи варзиши Афѓонистон дар ин авохир ба вуќуъ пайвастанд, ба њозирин маълумоти муњиме дод. Овозхонњои маъруфи кишвар Њунарманди Мардумии Тољикистон Ќурбоналї Рањмонов, Исмоил Назриев бо суруду таронањои ди-

ruzgor@hotmail.com

Дидору вохўрињои Латиф Пидром, шоир, нависанда ва сиёсатмадори кишвари ба мо њамсоя ва дўсти Афѓонистон бо фарњангиёну зиёиёни тољик њини сафарњои хусусї ва эљодияш ба Тољикистон ба њукми анъана даромада истодааст. Ахири њафтаи гузашта бо ибтикори Латиф Пидром дар тарабхонаи «Сарез» як дидорбинии хотирмони ўву ањли эљод ва зиёи тољик баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, сиёсатмадорон, рўзноманигорон, олимон ва ѓайра иштирок карданд.

лошўби худ хотири њозиринро болида карданд. Ёдовар мешавем, ки Латиф Пидром, узв ва раиси Комиссиюни тафтишии марказї ва назорат бар иљрои ќонуни Парламони Афѓонистон, шоир, сиёсатмадори маъруф ва раиси њизби Кунгураи миллии Афѓонистон аст. Ў соли 1963 дар улусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афѓонистон таваллуд шудааст. Вай дар ду давраи интихоботи раёсати љумњурии Афѓонистон ба њайси номзад ширкат кардааст. Латиф Пидром аз Донишгоњи Сорбони Париж унвони доктори исломшиносиро дарёфт намудааст.Чандин маљмўаи ашъораш дар Афѓонистону Эрон ба нашр расидааст. Маљмўаи нави ашъори ў дар Тољикистон дар ин рўзњо дар дасти чоп аст. Ў шањрванди ифтихории шањри Кўлоби Љумњурии Тољикистон мебошад. «Рўзгор»

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


8

Аз рўзгори муњољир

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

сохтем. Њамин тавр чанд сол кор кардем. Рости гапро бигўям, мардуми он љо хеле босаводу дурандешанд. Њамеша дар фикри пеш бурдани корњояшон мебошанд. Пулро ба хотири пайдо кардани пул медонанд, ки чї хел сарф кунанд. Мо аз онњо бисёр чизњоро омўхтем. Баъдтар ман њам як порча заминро харидаму дар он љо як ресторани калон сохтам. Заминеро ки ман харидам як партовгоњи калон буд. Тахминан 2 гектар масоњат дорад. Ваќте ки ба тоза кардани ин замин шуруъ кардам, 286 мошини КАМАЗ борро ман аз њамин партовгоњ бор карда бурда дар як партовгоњи дигар бурда рехтам. Њамин миќдор КАМАЗ хок, яъне хоки њосилхез ва сангро барои бунёди он мавзеъ ба ин љо, ба партовгањ, оварда рехтам. Як трактори булдозер дар муддати 36 рўз дар он љо пайваста кор кардааст.

Саид Солењов:

ранд? -Алњамдулиллоњ, мардуми ќазоќ мардуми таърихан боадлу инсофанд. Њаќиќатљў ва њаќиќатгў њастанд. Онњо мебинанд, ки мо ба чунин пешравињо бо мењнати њалоламон ноил мешавем, инро эътироф мекунад, ба инсонњое мисли мо, ки њаќќи шањрвандии Ќазоќистонро низ соњиб шудаем, бо чашми инсоф менигаранд. Албатта, њастанд нафарони алоњида, он њам аз намояндагони дигар миллатњо, ки намехоњам инљо мушаххас кунам кадом миллат, гапњои пасту баланд мезананд, вале мо бо кори худ, бо муносибати неки худ бо онњо ботил будани андешаашонро амалан исбот мекунем. -Намояндагони маќомоти ќудратии Ќазоќистон дар мањалњо сари шумо фишор намеоранд? Масалан, бо бањонањои мухталиф тамаъљўї намекунанд, чи

муаррифї ба табъи сардори нав нафорид, ки аз нозир пурсид: -Ту забони тољикиро медонї? Нозири минтаќавї гуфт: -Не, намедонам. -Дар Тољикистон моликияти ѓайриманќул дорї? Гуфт: -Не, надорам. Сардор боз пурсид: -Дар Тољикистон ресторан дорї? Нозир посух дод, ки «не, надорам». -Барои чї ин одам забони ќазоќиро медонад, дар Ќазоќистон ресторан дорад, дар Ќазоќистон моликияти ѓайриманќул дорад, ту бошї забони тољикиро намедонї ва ин њамаро дар Тољикистон надорї? Бигў барои чї? -Нозири минтаќавї посух дод, ки барои он ки ин марди худодод аст. Доимо кори нек мекунад, хайр мекунад. Дасташ кушод аст. Ба ин

«Агар њама корњоятон Х

ОНАНДАГОНИ гиромии њафтаномаи «Рўзгор», мо мусоњибањои худро бо роњбарони созмонњову ташкилотњои дар кишварњои хориљ будаи муњољирони мењнатии Тољикистон ва тавассути онњо шиносоиямонро бо шароити кору зиндагонии мардикорон дар дигар давлатњо идома медињем. Саид Солењов, муовини раиси Анљумани тољикони Ќазоќистон аст. Яке аз соњибкорони муваффаќ ба шумор меравад.Чанд муддатест, ки дар Тољикистон ќарор дорад ва мо аз фурсат истифода бурда бо ў пиромуни кору фаъолияташ њамчун соњибкор ва инчунин оиди Анљумани тољикони Ќазоќистон суњбате оростем. Нахуст аз ў хоњиш кардем, ки бо чанд љумла худро барои хонандагони њафтанома муаррифї намояд.

Мусоњиб Султони Њамад -Ба номи Худованди љону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад. Нахуст мехоњам, ки салом гарму љўшони тољикони Ќазоќистонро ба њамватанони азизамон, ба мардуми шарифи Тољикистони азиз, ин хонаи умеди њамаи мо бирасонам. Баъдан, ман, Саид Солењов, дар яке аз дењањои собиќ Совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноњияи Коммунистї, ки њоло ноњияи Бохтар номида мешавад, таваллуд шудаам. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоњи аграрии Тољикистон дохил шудам.Пас аз хатми Донишгоњ ба Совхоз-техникум баргашта ба њайси агроном - энтомолог ифои вазифа кардам. Дар охири солњои 80-уми асри гузашта дар њамон љо раиси иљоракорон интихоб шудам. Њамзамон дар замини наздињавлигї бо парваришу фурўши сабзавот машѓул будам. Зиндагонии муфаррањ доштам. Вале нооромињо шуруъ шуданду бар асари љангу љидолњо дар вилояту љумњурї иљборан ба Љумњурии Ќазоќистон муњољират кардам. -Дар Ќазоќистон корро аз чї сар кардед? -Ман бо дасту киссаи холї ба Ќазоќистон муњољират карда будам. Њамон ќадар маблаѓе доштам, ки роњпулї кунам. Дар Ќазоќистон корро аз тиљорат сар кардам. Дар Алма Ато тасодуфан бо бародарони дунгонї, ки алњамдулиллоњ, муъмину мусалмони худотарс њастанд, шинос шудам. Онњо бо тиљорати сабзавот машѓул буданд. Яке аз онњо ба ман бо нархи арзон як халта редиска ва як халта пиёз дода гуфт, ки рафта тиљорат кунам ва

www.ruzgor.tj

кадом ваќте, ки соњиби пул шудам, пулашро баъд бармегардонам. Хулоса, ман корро аз њамин фурўши як халта редиска ва як халта пиёз оѓоз кардам. Тољирони мањалии бозор соатњои 5-6 бегоњї корро ќатъ карда ба хонањояшон мерафтанд, мо тољикони муњољир бошем, баъзан то нисфи шаб кор мекардем. Њамин тавр маблаѓи муайяне љамъ овардам ва оњиста-оњиста худам низ дўкон кушодам. Теъдоди дўконњоро батадриљ торафт зиёдтар мекардам. Масалан, ман дар як муддати на чандон тўлонї дар њамон бозори марказии шањри АлмаАто, ки бозори «Зеленный» ном дорад, 17 дўкон кушодам ва ин дўконњоро ба дигар касон, азљумла ба дигар то-

Барои мисол барои њар як рўзи кории ин булдозер ман 150 долларї музд додаам. Имрўз он мавзеъро шинохта намешавад. Дар он љо боѓи калоне бунёд шудааст. Таќрибан чору ним-панљ њазор бех нињоли боровар парвариш меёбад. Дарахтони себу зардолу њосили хуб дода истодаанд. Токи шинондаам имсол чунон ангур бастааст,ки њар хўшааш аз 2 килограмм зиёд вазн дорад. Як ќисмати сабзавотеро, ки дар ресторан истифода мебарем, аз њамин замин ва боз 20 гектар зами-

Анљумани тољикони Ќазоќистон бо дарёфти имконият ба баъзе зиёиёни муќими Ќазоќистон низ дар корњои эљодиашон кўмак мекунад. Масалан, чанде пеш олим ва донишманди тољик Ќурбоналї Идрисов «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсиро ба забони ќипчоќї омодаи нашр кард. Чопи он асосан бо кўмаки Анљумани тољикон, махсусан муовини аввали он Муњаммадсафар Иззатуллоев, дар шакли як китоби зебо анљом пазируфт. љикон-муњољирони мењнатї, ба иљора медодам. Баъдтар дар њамин бозор аввал ошхонаеро ба иљора гирифтем ва чанд муддат дар он љо кор кардем, муштариёни зиёд пайдо намудем. Сипас њамон ошхонаро аз соњибаш харидем ва он моли мо шуд. Баъдтар аз пули худамон дар њамон љо як ошхонаи дигар

e mail: info@ruzgor.tj

не, ки ба иљора гирифтаам, ба даст меорем. Бо ин маќсад ба парвариши чорво низ машѓул њастем. - Чунин пешрафт дар корњои шумо ба њайси як соњибкори муваффаќ рашку њасад бахилии мардуми тањљоиро ба бор намеорад? Нисбати Шумо ягон вокунишњои манфї сурат намеги-

ruzgor@mail.ru

тавре ки дар Ватани мо, мутаассифона, ин гуна њолатњо мушоњида мешавад? -Тамаъљўии маќомоти ќудратиро дар он љо мо дар шакли густурда мушоњида намекунем. Агар њама корњоят дар чањорчўбаи ќонун бошанд, санадњоятон љо ба љо бошанд, касе ба шумо кордор нест. Албатта љангал бе гург намешавад. Ёфт мешаванд нафарони алоњидае, ки аз мансабњои хеш сўистифода карданї мешаванд. Вале чунин корњо бештар бо айби худи мо сурат мегиранд. Зеро худи мо дар корњоямон ба камбудињо роњ медињем. Як воќеа ба ёдам меояд. Мехостам гирди корхонаамонро девори бетонї бигирам. Кор аз нисф гузашта буд, ки тракторчие аз мардуми мањал аз беэњтиётї девори сохтаи моро мегардонад. Ин њолро дида ман ўро сахт љанг кардам. Њатто мумкин аст суханњои дурушту даѓал њам гуфта бошам. Тифоќо дар њамон наздикињо сардори ба тозагї таъиншудаи умури дохилаи ноњия, ки ман ўро намешинохтам, њузур доштааст. Ў низ маро намешинохт. Ў суханњои маро шунида бисёр дар ќањр шуд. Ба кормандонаш амр кард, ки маро ба назди ў бо тамоми асноди худам ва корхонаам даъват кунанд. Чанд лањза пас ман дар дафтари кории сардори умури дохилаи ноњия дар ињотаи дигар кормандонаш бо ў бо забони ќазоќї саволу љавоб мекардам. Ба тамоми саволњояш посухњои лозимаро медодам. Ваќте, ки аз нозири минтаќавї (як подполковники калонсол буд), дар бораи ман пурсон шуд, ў маро њамаљињата мусбат муаррифї кард. Шояд чунин

одам Худо додааст. Сардор чун ин таърифњоро шунид ба ман гуфт: Хез аз љоят, мо њозир туро дар амал месанљем. Ў маро ба толори варзишие бурд, ки дар њамон наздикињо љойгир шуда буд. Баъди нишон додан гуфт: -Ба фикрам, фарзандони Шумо низ ин љо тамрин мекунанд. Агар ин љо ободтар бошад оё барои Шумо ва мардуми мањал хуб нест? Гуфтам «хуб аст». «Пас обод кардан лозим аст инљоро», гуфт ў. Гуфтам «дуруст мегўед» ва обод кардем. -Ва аммо муносибати мардуми оддї бо муњољирони мењнатї, махсусан тољикон, чї гуна аст? -Мардуми оддї, махсусан соњибони аслии ин кишвар, ќазоќњо бо муњољирони мењнатї, бахусус мо тољикон, бисёр муносибати хуб доранд. Мо дар њама маъракаву маросимњои худ мардуми мањаллиро, махсусан њукуматдоронро, даъват мекунем, онњоро дар шодиву хурсандињои худ шарик месозем. Бояд гуфт, ки ин самимият, муносибати нек бо тољикони муњољир, баъди он ки Президенти кишварамон Эмомалї Рањмон дар сафарњои худ ба Ќазоќистон ваќт ёфта бо мо низ вомехўрд, зиёдтар шуданд, тањким ёфтанд. Дар Ќазоќистон Ассамблеяи халќњои Ќазоќистон гуфтанї нињоде њаст, ки намояндагони беш аз 130 ќавму халќу миллатњоро муттањид месозад ва раиси он худи Нурсултон Назарбоев мебошад. Тољикон низ узви баробарњуќуќи њамин Ассамблея мебошанд.


Аз рўзгори муњољир -Воќеан, дар бораи Анљумани тољикони Ќазоќистон ва фаъолияти он чанд сухан мегуфтед? -Анљумани тољикони Ќазоќистон соли 1998 ташкил шудааст. Он ваќт онро Анљумани ба номи Абўалї ибни Сино мегуфтанд ва раисаш яке аз тољирони пешќадам Саидмурод Шарифов буданд. Њоло раиси Анљумани тољикони Ќазоќистон Њикматуллоњ Холиќов аст. Як варзишгари номї, ки дар гўштии дзюдо комёбињои хубе ба дастоварда буд. Феълан дар Клуби марказии Артиши Ќазоќистон мураббии дзюдо мебошад. Ду муовин дорад. Муовини аввалаш Муњаммадсафар Иззатуллоев, яке аз соњибкорони муваффаќи тољик дар Ќазоќистон мебошад. Банда низ муовинаш њастам. Аъзои фаъоли ин Анљуман Ёќуб Абдуллоев, Сулаймон Абдурашидов, Акобир Абдурашидов, Љамшед Камолов ва дигарон њастанд, ки корњои зиёдеро

теъдодашонро солона на камтар аз 200 њазор нафар дар фасли тобистон њадс мезананд. Зимистон шояд камтар шаванд. - Корбурди рањбарони Анљумани тољикони Ќазоќистон миёни муњољирини мењнатї чї гуна аст? -Мо дар тамоми минтаќањое, ки тољикони муњољир кор мекунанд, намояндагони худро дорем. Тавассути онњо аз њоли муњољирон огоњ мешавем. Агар зарурати ба касе кумак кардан њам пайдо шавад ин корро низ тавассути њамон намояндањо анљом медињем. Мо бо ин маќсадњо сандуќи хайрия дорем. Маблаѓњо бо ќарор ва розигии раёсати Анљумани тољикон маъмулан барои кўмакњои башардўсона сарф карда мешаванд. Ё Худо нахоста ягон маргу мурда шавад дар рафъи камбудињои ин маъракањо масраф мешаванд. Лочинов Саидмардон Худо рањматаш кунад, яке аз соњибкоро-

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

9

ки Анљумани тољикон, махсусан муовини аввали он Муњаммадсафар Иззатуллоев, дар шакли як китоби зебо анљом пазируфт. -Байни муњољирони мењнатї ва мардуми тањљої њолатњои хешу таборшавї, масалан издивољ зиёд аст? - Бале, чунин мисолњои хешу таборшавиро зиёд овардан мумкин аст. Азљумла худи ман ќариб бист сол пеш ба як уйѓўрдухтари Алма Ато расман хонадор шуда будам ва аз ин издивољ се фарзанд дорем. Писарам Исломиддин синфи 10 мехонад, духтарам Малика синфи 8 мехонад. Воќеан, корхонаи ман номи њамин духтарамро дорад. Духтари хурдиам Ситора синфи чор мехонад. -Фарзандонатон забони тољикиро медонанд? -Бале, хеле хуб медонанд. Дар мактаб русї мехонанд. Аз љумлаи хонандагони пешќадами мактаб ба

дар чањорчўбаи ќонун бошанд…» ё дар суњбати Саиде, ки намегузорад занњову фарзандонаш муњтољ бошанд

ба маќсади тањким бахшидан ба муносибатњои неки байни тољикони муњољири мењнатї ва мардуми тањљої анљом медињанд. Анљумани тољикон бо Сафорати Тољикистон дар Ќазоќистон низ равобити њасана дорад. Махсусан, сафир љаноби Бањром Холназаров ба кори Анљумани тољикон њусни таваљљуњи беандоза хуб дорад. Њамеша аз ањволи муњољирини мењнатї хабар гирифта меистад. Нафаронеро, ки дучори мушкилот мешаванд, дастгирї менамояд. - Анљумани тољикони Ќазоќистон бо тољикони тањљоии Ќазоќистон ягон равобит дорад? -Мо бо тољикони тањљої ё муќими Ќазоќистон, ки асосан дар Ќазоќистони љанубї, дар дар вилояти Чимкент зиндагонї мекунанд, муносибати хеле хуб дорем. Онњо мактабњои тољикї доранд. Як мактаби миёна ба номи Садриддин Айнї њаст ва мактаби дигар номи Мирзо Турсунзодаро дорад. Мактабњои хеле калонанд, ки то њазор талаба дар онњо дарс мехонанд. Китобњои дарсии онњо аз њамин Тољикистон таъмин мешаванд. Баъди хатми мактабњои миёна бењтарин хонандагон тариќи квотаи президентї омада дар мактабњои олии Тољикистон тањсилашонро давом медињанд. Чанд муддат пеш бо ширкати Сафири Тољикистон дар Ќазоќистон Бањром Холназаров дар ноњияи Сариоѓочи вилояти Чимкент муљассаммаи шоири классики мо Абулќосим Фирдавсї гузошта шуд, ки дар баргузории ин маросим раиси Анљумани тољикони Ќазоќистон Њикматуллоњ Холиќов фаъолона ширкат варзид. Хулоса, мо тољикони муњољирони мењнатї, њамеша дар маъракањои тољикони тањљоии Ќазоќистон иштирок мекунем. Онњо дар маъракањои мо ширкат мекунанд. Масалан, љашни истиќлолиятро талош мекунем бо ширкати намояндагони њамдигар њам дар мањалли зисти онњо ва њам дар мањали таљаммуъи муњољирони корї бигзаронем. Љашни «Наврўз»-ро њамин гуна боњашамат бигзаронем. Дар ин љашнњо мусобиќаи гуштингириро ташкил мекунем. Ба ѓолибон туњфањо медињем. -Муњољирони корї аз љумлаи тољикон бештар дар кадом шањрњои Ќазоќистон кору фаъолият мекунанд? Теъдодашон чї ќадар аст? -Тољикони муњољири мењнатї ќариб дар тамоми шањрњои калони Ќазоќистон: Остона Ќараѓанда, Семипалатинск, Чимкент ва ѓайра њастанд. Вале дар Алма Ато онњо бештар мебошанд. Ќариб дар њама соњањои хољагии халќи Ќазоќистон кор мекунад. Вале бештар дар соњаи савдо њастанд. Бо тиљорат машѓуланд. Теъдодашонро касе аниќ муайян накардааст. Вале

ни муваффаќи тољик дар Ќазоќистон буд. Дањ рўз нашудааст даргузашташро. Дењќон буд. Дар Чимкент 20 гектар замини иљора дошт. Бо киштукори сабзавот машѓул буд. Имсол њосили хубе гирифт. Мехост онро ба Русия барои тиљорат бубарад. Вале мутаассифона, дар як садамаи автомобилї чанд рўз пеш дар њамон Ќазоќистон ба шањодат расид. Љасадашро бародарон аз он љо тавассути њавопаймо ба Тољикистон фиристоданд, мо ин љо ќабул карда бурда дар Ватанаш Ќумсангир љаноза карда ба хок супоридем. Худо рањматаш кунад, яке аз фаъолони Анљумани тољикон буд. Анљумани тољикони Ќазоќистон бо дарёфти имконият ба баъзе зиёиёни муќими Ќазоќистон низ дар корњои эљодиашон кўмак мекунад. Масалан, чанде пеш олим ва донишманди тољик Ќурбоналї Идрисов «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсиро ба забони ќипчоќї омодаи нашр кард. Чопи он асосан бо кўма-

шумор мераванд. Директори мактаб мегўяд, ки мо фарзандони Шуморо барои дигар хонандагон ба хотири он ки забони модариашонро хуб медонанд, њамчун намуна муаррифї мекунем. Фарзандонам инчунин забони русї, ќазоќї ва забони модарияшон-ўйѓуриро хуб медонанд. -Дар Тољикистон низ зан доред? -Бале, дар ин љо низ зану фарзанд дорам. Њарду хонумам бо њам муносибати хубу њасана доранд. Хонуми тољикистониям чанд бор Ќазоќистон рафт ва мењмони, чи тавре ки дар мардуми мо мегўянд, бохчонаш шуд. Хонуми ќазоќистониям низ чанд бор Тољикистон омад ва мењмони оилаи тољикистониям гардид. Хулоса хонумњоям байни њамдигар муносибати хуб доранд. Албатта талош меварзам, ки њарду хонаводаам дар зиндагї муњтољ набошанд. Соли гузашта фарзанди калониям Сиёвушљон Донишгоњи тиббиро дар Душанбе хатм кард ва имсол ба Донишгоњи русиву ќазоќии

ruzgor@hotmail.com

ба номи Динмуњаммад Ќунаев дар Алма-Ато дар риштаи њуќуќ дохил шуд. Њоло дар њамон љо тањсил дорад. Яъне мехоњад, ки дар соњаи њуќуќ низ соњибмаълумот шавад (Занги телефон баланд шуд ва Њољї Саид ба њамсуњбаташ ба забони ќазоќї посух дод) -Мебинам, ки бо забони ќазоќї хуб њарф мезанед. Боз кадом забонњоро медонед? -Алњамдуллилоњ, ќариб тамоми забонњои туркиро медонам. Яъне забонњои ќазоќї, ќирѓизї, ўзбекї, озарї, туркманї, уйѓўрї, инчунин каму беш бо забонњои арабї ва олмонї њарф мезанам. Забони модариам тољикиву забони русиро њисоб намекунем. -Бо намояндагони ин миллатњое, ки гуфтед, кўшиш мекунед, ки бо забони онњо суњбат кунед? -Бале, масалан бо њукуматдорони мањаллї мо танњо бо забони ќазоќї њарф мезанем. Ваќте, ки дар маъракањо ва чорабинињои ба ин ё

info@ruzgor.tj

он муносибат азљумла ба Рўзи истиќлолият, Рўзи Сарќонун, Рўзи шањри Алма Ато ва ѓайра бахшидаи онњо ширкат ва хизмат мекунем, талош мекунем, ки бо забони худи онњо суњбат кунем, суханронї кунем. Мо худро љузъи њамин кишвар медонем. На танњо дар хурсандиву шодї, балки дар мушкилоти онњо, дар ѓаму андуњи онњо низ шарикем. Шодии онњо шодии мост. Ѓами онњо ѓами мост. -Масалан дар кадом ѓаму андуњи онњо шарик будед? -Масалан, чанде пеш дар навоњии атрофи Алма Ато обхезї шуд. Он ба мардуми тањљої зиёни калон расонд. Анљумани тољикон тасмим гирифт, ки то њадди имкон ба офатзадагон кўмаки моддї бирасонад ва мо ин корро кардем. Як миќдори муайяни орду биринљу равѓан ва дигар чизњо ба мањали офатрасида бурдем ва тавзењ кардем. -Дар њамин корхонаи Шумо, ки ресторани «Малика» ном дорад, чанд нафар кор мекунанд? -Њама ваќт 45- 50 кас кор мекунад. Вале рўзњое мешавад, ки барои гузаронидани маъракањои калон таќрибан боз 20-30 нафар одамро ба муддати кўтоњ ба кор мегирем. Мо чанд толор дорем. Дар толори калонї то 1000 одамро метавонем дар як ваќт мењмондорї кунем. Дар як ваќт ду то се маърака мегузаронем. Дар чунин њолатњо теъдоди коргарони мо то ба 60-70 нафар мерасанд. -Коргарони Шумо асосан аз љумлаи муњољирони мењнатиянд ва ё аз мардуми тањљої? -Таќрибан 12-15 нафарашон муњољирони мењнатї-тољиконанд. Боќимонда њама аз мардуми тањљої мебошанд. -Муњољирони мењнатї азљумлаи тољикон дар як моњ чї ќадар маош мегиранд, мардуми тањљої чї ќадар мегиранд? -Муњољирони мењнатї азљумлаи тољикон аз 500 доллар камтар намегиранд. Вале мардуми тањљої бошад зиёдтар, 700-800 то 1000 доллари амрикої дар моњаш маош мегиранд. Як сабаби муносибати хуб доштани њукуматдорони мањалї бо мо, соњибкорони муњољири тољик, дар њамин аст, ки мо натанњо мардуми тањљоиро бо кор таъмин мекунем, балки молиёти хуб низ ба хазинаи давлати Ќазоќистон мепардозем. -Ташаккур барои суњбати самимї.

www.ruzgor.tj


10

Нависанда ва ходими сиёсї Шароф Рашидов аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи раиси шањру вилояти Самарќанд ва аз соли 1959 то соли 1983 дар вазифаи котиби аввали Њизби коммунисти Ўзбекистон кор кардааст. Фаъолияти мењнатии вай аз рўзноманигорї оѓоз шуда, ўро дар шањри Самарќанди бостон устод Садриддин Айнї ба шогирдї гирифт. Аввалин шеърњо ва њикояњои Шарофи љавонро устод Айнї тањрир менамояд. Миёни њарду мењри падарию фарзандї пайдо шуда, Шароф Рашидов бо як љањон эњтироми хосса устод Айниро «Домуллоота» мегуфт. Ин шахсияти сиёсї ва нависандаи тавоно, ки тарбияи маънавии устод Айниро гирифта буд, бо роњнамої ва кумаки эшон ба вазифањои баланди давлатї роњ ёфт…

Рўзгори устоду шогирд

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Абдумавлони Одиназода, аспиранти Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЉТ

Вале, боре масъалаи фурўхтан ё нафурўхтани њавлиро ба миён нагузошта буданд. Дар Душанбе мувофиќи Ќарори Њукумати Тољикистон ба домулло Айнї чањор ќитъаи замин људо карда, ќиблагоњ дар баробари серкорї ѓами ояндаи фарзандонашро њам мехўрд. Ман хуб дар ёд дорам, ки њукумат барои домулло Айнї тамоми шароитњоро муњайё карда буд, ќиблагоњ њис мекарданд, ки умрашон ба љое рафтааст. Асарњои дар Самарќанд, навиштаашро бо кўмаки банда, инчунин Дењотї, Улуѓзода ва чанд нафари дигар ба хатти имрўз баргардонда, мехостанд давоми “Ёддоштњо”-ро нависанд, вале умр ба ќиблагоњ бевафої кард. -Масъалаи таъсиси осорхонаи устод Айнї кай пайдо шуд? Ин пешнињод дар Душанбе рух дод ё дар Самарќанд? -То љое ман медонам, ин масъала солњои панљоњум дар Маскаву Санкт- Петербурги њозира та-

ШАРОФ РАШИДОВ ВА УСТОД АЙНЇ

(ИН ШАХСИЯТИ СИЁСЇ БА УСТОД АЙНЇ ЧЇ ХИЗМАТЕ КАРДААСТ?) Бурњон Салмонов, барои «Рўзгор» Фарзанди устод Садриддин Айнї-олими шинохта Камол Айнї (рўњаш шод бод) соли 2009 дар мусоњибаи ихтисосї вобаста ба таъсис додани Осорхонаи устод Айнї дар шањри Самарќанд, ба муаллифи ин сатрњо њикоят карда буд, ки дар он айём бо вуљуди мушкилоти љойдошта устод Садриддин Айнї ва Шароф Рашидов чун падару писар дар саргањи дўстии байни тољикону ўзбекон ќарор доштанд. Баъди рењлати устод Айнї дар соли 1954, масъалаи таъсис додани осорхонаи эшон дар шањри Самарќанд ба миён омад, вале он то соли 1960 бо сабабњои номаълум тўл кашид. Камол Айнї соли 1961 дар шањри Тошканд бо Шароф Рашидов мулоќот намуд ва роњбари аввали Ўзбекистон масъаларо мусбат њаллу фасл месозад. Ба баргузории ин мулоќоти таърихї кї мусоидат намуд? Ин ташаббуси шахсии Камол Айнї буд ва ё роњбарияти ваќти Тољикистон? Дар мусоњиба Камол Айнї дар баробари рўшанї андохтани њалли ин масъала, боз ба як ќатор пањлњои рўзгори устод Айнї дахл кард, ки барои пажўњишгарони зиндагиномаи нависандаи номдорамон аз ањаммият холї нест. -Устод, дар сўњбати авваламон шумо ишора кардед, ки масъалаи таъсиси Осорхонаи устод Айнї сўњбати алоњидаро мехоњад. Шумо ба сањми Абдулањад Ќањњоров ишора кардед. Дар бораи сафари шумо ба Тошканд ва вохўриатон бо Шароф Рашидов дар ягон маъхаз маълумоте дида намешавад. Инро, бори аввал, аз забони шумо мешунавем. -Дуруст, ќаблан гуфтем, ки ќиблагоњ, домулло Айнї гирудорњои солњои “тройка”-ро мардонавор пушти сар гузоштанд. За-

www.ruzgor.tj

мони љанги Бузурги Ватанї гўё, ки то муњлате фаромўш шуд. Домулло Айнї шабу рўз ба эљоди асарњо машѓул шуда, алайњи фашизм бо ќалам мубориза доштанд. Вазъи Самарќанд замони љанг ором буд, њавлии мо серодам ба назар мерасид. Бо вуљуди љанг Њукумати Тољикистон ба домулло Айнї ѓамхорї мекард. Ќиблагоњ шахси хеле дилсўз ва рањмдил буданд. Кумакашро аз гуруснагон дареѓ намедошт. Њамаро дилбардорї мекард, ба хонаи мусибатзадагон рафта, дуою фотиња мехонд. Тољикону ўзбекон домулло Айниро баробар дўст медоштанд. Дар митингњои зиддифашистї ќиблагоњ бо ду забон суханони оташин эрод мекард. Бо вуљуде, ки синнашон ба 64-65 дакка хўрда буд, нерўманд менамуд. Ќисса кўтоњ, љанг њам тамом шуду мамлакат ба маљрои њаёти пештара гом бардошт. Фаромўш нашавад, Шароф Рашидов баъди љароњат бардоштанаш соли 1942 аз майдони љанг ба аќибгоњ љавоб шуда, аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи котиби обкому раиси шањри Самарќанд кор кард. Њамеша бо устодашон домулло Айнї буданд. Соли 1949 баъди ба шањри Тошканд ба кор рафтани Шароф Рашидов, домулло Айнї каме танњоиро эњсос кард, вале Усмон Юсуфов дар њама њолат пушту паноњ, мутаккои домулло Айнї буданд. Ман фикр мекунам, ки ба вазифаи баландтар рафтани Шароф Рашидов ќиблагоњ, домулло Айнї ва худи У. Юсуфов, ки вазифаи раиси Президуми Шўрои Олии Ўзбекистонро ишѓол дошт, кумаку дастгирї карданд. Ногуфта намонад, У. Юсуфов ба Ўзбекистону Тољикистон хидматњои бузурге кардааст. Бо дастгирии ин марди шуљоъ ва хеле далер Комил Ёрматов ба Тошканд омада чун њунарманди кино машњур шуд, ба вай унвони Ќањрамони Мењнати

e mail: info@ruzgor.tj

Сотсиалистї њам доданд. Бо пешнињоди У. Юсуфов Ќорї Ниёзи тољики хуљандї, олими математик, нахустин президенти Академияи илмњои Ўзбекистон интихоб мешавад. Ба ин вазифа, аввал, домулло Айниро пешнињод карда буданд, вале домулло инро рад кард. Ќиссаи чаро домулло Айнї ин вазифаи баландро дар Ўзбекистон рад кард ва бо дастгирии ќиблагоњ ба шаш нафар бухориёни тољик додани унвони Артисти Халќии СССР суњбати алоњидаро таќозо мекунанд. Баъди љанг фаъолияти илмїљамъиятии домулло Айнї хеле васеъ шуд. Ин сабаб дорад. Замони љанг аксар олимони саршиноси ховаршинос ба Тошканду Самарќанду Душанбе омада буданд. Крачковский, Бертелс, Струев ва дањњо муњаќќиќони адабиёту фарњанги форсу турк ва араб аз дониши ќиблагоњ васеъ истифода мебурданд. Шуњрати домулло Айнї на танњо чун нависандаи забардаст, балки ховаршиноси тавоно дар доираи илми шўравї эътироф гардид. Додани унвони доктори илми филологї ба домулло Айнї гувоњи ин аст. Аз мавзўъ дур наравем: Шароф Рашидов соли 1950 раиси Президиуми Шўрои Олии Ўзбекистон интихоб шуд, баъди панљ соли дигар ба вазифаи шахси аввал – котиби якуми њизби коммунисти Ўзбекистон таъйин гардид. Дар суњбати ќаблї гуфтем, ин шахси хеле ќадрдону иззатманд њељ гоњ њаќќи устодии домулло Айниро фаромўш накард. Ќиблагоњро бо эњтироми махсус “домуллоота” мегуфт ва љое, ки ќиблагоњ њузур медоштанд, аз поин менишаст ва њељ гоњ сухани домулло Айниро ба замин намегузошт. Соли 1951 домулло Айнї пурра ба Душанбе кўчид, вале рафтуои мо ба Самарќанд ва нигоњубини њавлї доимї буд. Ќиблагоњ соли 1954 дунёро падруд гуфтанд. Баъди

рењлати домулло Айнї њанўз таъсиси осорхонаи ќиблагоњ дар хаёли касе набуд. Нотавонбинон дар Самарќанд бо бањонаи бозсозии шањри Самарќанд кўчондани њавлии моро ба миён монда, њатто ќимати онро низ бо пули њамонваќта муайян њам карданд. Шањрдори Самарќанд, шахсе ба исми Њамдамов, ки ин масаъларо њанўз солњои “тройка” ба миён гузошта буд ва домулло

Ф

АРОМЎШ нашавад, Шароф Рашидов баъди љароњат бардоштанаш соли 1942 аз майдони љанг ба аќибгоњ љавоб шуда, аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи котиби обкому раиси шањри Самарќанд кор кард. Њамеша бо устодашон домулло Айнї буданд. Соли 1949 баъди ба шањри Тошканд ба кор рафтани Шароф Рашидов, домулло Айнї каме танњоиро эњсос кард, вале Усмон Юсуфов дар њама њолат пушту паноњ, мутаккои домулло Айнї буданд. Ман фикр мекунам, ки ба вазифаи баландтар рафтани Шароф Рашидов ќиблагоњ, домулло Айнї ва худи У. Юсуфов, ки вазифаи раиси Президуми Шўрои Олии Ўзбекистонро ишѓол дошт, кумаку дастгирї карданд.

Айнї њисси душманї дошт, бандаро даъват кард, ки пули хонаро гираму дар њуљљати хариду фурўш имзо гузорам, аммо ман инро рад кардам. Медонистам, ки ин кори хатост. Вазъ ба Њукумати Тољикистон маълум буд. -Устод, ќиблагоњатон, домулло Айнї, замони дар њаёт будан ояндаи хонаашон дар Самарќандро чї гуна арзёбї мекарданд? -Мегуфтанд, ки бачем Камолиддин, њеч гоњ Самарќандро фаромўш накунед, албатта манзурашон њамоно ин шањри ќадиму аљдодии тољикон ва њавлї буд.

ruzgor@mail.ru

рњрезї шуда буд. Ќиблагоњ, ки зинда буданд, њељ кас ба ин љуръат надошт, ин масъала баъди солњои шастум ба миён омад. Соли 1961 Абдулањад Ќањњоров шахси хеле донишманду фарњангї, ки шоир њам буданд, раиси Шўрои Вазирони Тољикистон таъйин шуданд. Ин кас бо домулло Айнї дўсти дерин буданд. Абдулањад Ќањњоров солњои чилум дар вазифаи раиси шањри ќадимаи мо –

Панљакент кор карда, тез-тез ба Самарќанд, ба њузури ќиблагоњ, домулло Айнї мерафтанд. Ман эшонро хуб дар хотир дорам, чењраи зебо дошту марди хоксоре буданд. Шеърњояшро домулло Айнї мехонданд, ислоњ карда ба вай маслињат њам медод. Дар пайдо кардани ќабри устод Абўабдуллоњи Рўдакї њиссаи Абдулањад Ќањњоров хеле калон аст. Дар љашнвораи 1100- солагии устод Рўдакї, соли 1958, Абдулањад Кањњоров раис ва банда котиби тадорукот будам. (Идома дорад)


Театр дар рўзгор

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

11

Таѓоймурод Розиќов:

«Имрўз актёре надорем, ки образ офарида тавонад» -Устод, ахиран Шумо дар намоишномаи «Мољаро дар Кољин»-и Карло Галдонї, ки онро коргардони маъруф Бањодур Миралибеков дар Театри љавонон ба сањна гузошт, наќш офаридед. Мутаассифона, ман намоишномаро дида натавонистам. Аз ин рў суолам ин аст, ки дар ин намоиш чї наќшеро иљро кардед ва умуман ин намоиш ба бинандаи тољик чї медињад? -Имрўз мардум муштоќи мазњака аст ва ба сањна омадани намоише аз осори Карло Галдонї барин адиби оламшумул, ки гумон мекунам дар ќатори Шекспиру Молер яке аз нањангњои драматургияи љањонист, бисёр падидаи нек аст. Чунки дар ин мазњака бисёр масъалањои хуб ба миён гузошта шудааст, то инсонњоро такон дињад, ки озод бошанду сањми худро дар пешбурди зиндагї гузоранд. Як љињати тарбиявии «Мољаро…» њам дар он аст, ки њушдор медињад, ки љанљолу хархаша ягон ваќт ва ё ба ягон миллату халќ нафъ ё хурсандї наовардааст. Дар ин спектакл як наќши бисёр хурдакак аст. Падрон Ничелса ном дорад. Вай дар ваќташ моњигир буд, лекин акнун зиндагї маљбур кардааст, ки ба тиљорат машѓул шавад. Ин як образе њаст, ки мардумро ба иттифоќ меорад, ба дўстї мехонад, намехоњад, ки дар ягон љо хархаша бошад. -Яъне ба њар сурат наќши мусбат аст… -Бале, наќши мусбат аст ва образи хеле љолиб. -Барои он мепурсам, ки мардуми мо аксаран Шуморо њамчун бозигари наќшњои манфї мешиносад, чун Раис аз филми “Дарди ишќ”, Шафеї аз филми “Дар орзуи падар” ва чанд филми дигар. Пурсидан мехоњам, ки ба зиммаи Шумо гузоштани ин гуна наќшњо интихоби коргардонњост ё... -Ман давоми бист сол Ленинро бозї кардам, Островскийро бозї кардам, Лоњутиву Туѓралро бозидам ва њамин гуна наќшњои мусбати бисёр њам дорам. Мутаассифона, мумкин тамошобин онњоро надида бошад. Актёр бояд аз уњдаи иљрои њама гуна наќшњо барояд. Манзурам актёрњои касбї, на “актёрчањо”-е ки имрўз пайдо шудаанд. Онњо актёр нестанд. Актёр бояд образ офарида тавонад. Бубинед наќши Суњроби Њошим Гадо ва ё наќшњои Ато Муњаммадљоновро. Онњо дар сањна заргарї мекунанд. -Дар сањнаи имрўзи театру синамои мо чї? Шумо ин гуна њунармандонро имрўз намебинед? -Мутаассифона ман имрўз намебинам он актёреро, ки образ офарида тавонад. Мебароянду њар куљо худашонро таъриф мекунанд, ки ман ин хелу он хел. Аммо ягон наќши онњоро тањлил кардаву гуфта наметавон, ки образ аст. На дар Театри љавонон, на дар Театри Лоњутї, на дар Театри Маяковский, на дар театри лўхтак ман намебинам актёреро, ки образ офарида тавонад. -Шояд инљо таќсир на танњо дар њунармандони мо, бал дар коргардонњо њам бошад... -Дуруст. -Зеро агар худи Шуморо њам бигирем, ман гумон мекунам, бењтарин образе, ки то имрўз офаридаед, њамон наќши Раис аз филми “Дарди ишќ” аст... -На, Шумо бисёр филмњои маро надидаед, барои њамин ин гуна мепиндоред. Ман дар “Чоњ” ва “Парвози занбўр”-и Љамшед Усмонов ва ахиран дар “Гирењ дар гулў” њам наќшњои хуб офаридаам. Ман гумон мекунам, образе, ки дар “Чоњ” офаридам, бењтарин образ аст. Ман ба ин андеша, ки бењтарин образи офаридаи ман наќши Раис дар филми “Дарди ишќ” бошад, розї шуда наметавонам.

Т

АЃОЙМУРОД Розиќов соли 1961-ум омўзишгоњи мусиќии шањри Душанберо бо ихтисоси найнавоз тамом карда, њамон сол барои идомаи тањсил њуљљатњояшро ба Консерваторияи шањри Тошканд месупорад. Аммо дар Консерваторияи њамсоякишвар нафаре аз гуруњи онњоро ќабул намекунанд. Ў аз ин дилсард мешаваду найро канор мегузорад. Он гањ барои тањсил ба Донишкадаи театрии ба номи Луначарскии шањри Маскав меравад. Ин гардиш дар андешаи он рўзи Таѓоймурод барои имрўзи Театри тољик пур аз ањамият буд. Зеро санъати театрии тољик бурд кард, соњиби боз як њунарманди воќеан касбї шуд. Таѓоймурод Розиќов аз соли 1971-ум ба Театри љавонон омада то имрўз дар ин боргоњи њунар фаъолият дорад. Дар театр зиёда аз сад наќш офаридаву дар филмњои зиёде бозигарї кардааст. Њамчунин аз соли 1983-юм то имрўз дар Донишкадаи санъати ба номи устод Турсунзода ба донишљўён дарс мегўяд. Хабарнигори «Рўзгор» Бањман бо Таѓоймурод Розиќов дар мавриди фаъолияти эљодияш ва умуман вазъи имрўзи театру синамои кишвар суњбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Шумо дар филмњое, ки замони Шўравї офарида мешуданд ва филмњои имрўз наќшњо офаридаед. Чї тафовутест байни филмњои он давра ва айёми мо? - Њунарпеша, њунарманд бояд шахсияти комил бошад. Њозир њар як нафаре, ки ду-се сўм пайдо кард, метавонад кино гирад. Лекин вай кино нест охир. Масалан, барои наќш офаридан дар филми «Марги бегуноњ» маро даъват карданд. Ман рафтам, дидам ва таклифи онњоро рад кардам. Ман нахостам, ки дар њамин филм наќш офарам. Барои он ки шахсиятњое, ки филм мегиранд, маро ќонеъ карда наметавонанд. Шумо дар боло гуфтед, ки ќуллаи њунари Шумо њамон наќши Раис аст аз филми «Дарди ишќ». Шумо медонед, коргардони ин филм Анвар Тўраев як сол пеш аз оѓози сабт ба ман гуфта буд, ки«акоиТаѓоймурод, ќиссаи «Дарди ишќ»-ро гиред, хонед, ва тайёриятонро бинед…». Дар њамин филм њам раис ќањрамони асосї нест-ку , филм «Дарди ишќ» ном дорад, на «Дарди раис». Ќањрамонњои аслї њамон ду љавони ошиќ њастанд. Лекин, чун наќшњои дигар паст шудаанд, ин наќш барљастатар метобад. Аммо имрўз дар Тољикистон актёри театр ќариб ки ќурб надорад. Вале ба њар сурат мо кор мекунем. Навої гуфта, ки «барои он ки лола бирўяд, мо бояд хок шавем…». Устодони мо мегуфтанд, ки Шумо дар ин касб ягон ваќт боигарї намеёбед, фаќат беморї меёбеду ранљи пайваста ва албатта њурмату эњтироми халќ. -Пас Шумо аз вазъи имрўзи синамои мо ќаноатманд нестед? -Мо имрўз умуман синамо надорем. Мутаассифона, сатњи театрњои мо њам хеле паст аст. Бубинед, давоми 22- соли Истиќлол оё мо дар сатњи «эдип»-и Њошим Гадо сањнае офарида тавонистем? Не, ин гуна спектакл пайдо нашуд. Сабабаш дар он аст, ки бењтарин коргардонњо рафтанд аз Тољикистон. Дар соњаи синамо гирем, бењтарин наворбардорњо рафтанд, танзимгарон рафтанд. Дигар дар инљо кї монд? Медонед, ваќте палангњо рафтанд, њар як рўбоњ ё харгуш худро шоњи беша метарошад. Лекин гумон мекунам, дигар бояд ба ин соња камтарак ањамият дод. Бигзор бачањо рафта хонанд дар мактабњои кинову театрии Маскав, касби коргардониро омўзанд. Бовар кунед, имрўз мо ќариб, ки коргардон надорем. Хайр танњо як Барзу аст. Спектаклњое, ки Барзу мемонад, халќи мо ќабул надорад. Масалан, спектакли «Фолбинии Афанди»-ро дар театри мо монд, њамагї як бор рафт. Ё ки «Отелло»-ро монд, њамагї ду бор рафт. «Хизмат-

гори ду хоља»-ро дар театри Лоњутї ба сањна овард, њамагї се-чор бор рафт. Хайр, ин коргардони авангард аст. Мумкин намефањманд, мумкин намедонанд. Дигар канї коргардонњои мо? Як Давлат Убайдуллоев дорем дар театри Лоњутї, Миралибекову Мирзоватан Миров ба нафаќа баромаданд. Театрњои мо умуман коргардон надоранд, театри Ќурѓонтеппа бе коргардон аст, театри Кўлоб бе коргардон аст. Театрро коргардон театр мекунад. Барои њамин бояд ба ин чиз бисёр ањамияти љиддї дод. Танњо шахсият љамъиятро пеш бурда метавонад. Халќ худаш пеш рафта наметавонад. -Шумо чандин сол аст устод њастед дар Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода. Барои чї ин донишкада давоми ин ќадр соли фаъолияташ барои театрњои мо коргардонњои воќеан нерўмандро дода наметавонад? - Њамин масъаларо мо чандин бор бардоштем, лекин устодоне, ки бояд њамин соњаро ба донишљўён омўзанд нестанд дар мо. Бояд на танњо коргардонњо, балки боз наворбардорњои хуб дарс гўянд. Хайр устод Хушназар Майбалиев буданд, шояд ваќташон намерасид. Ба њар сурат чанд бор ин гуна гуруњњоро ташкил карданї шуданд, вале базаи асосї барои тарбияи коргардонњо нест дар донишкада. Њозир ташкил кунем њам кї дарс медињад? Барзу ваќт надорад. Яке мебинї дар Маскав њасту яке дар Ќазоќистон ё Ќирѓизистон. Ана Барзу чор ё панљ нафар љавонони болаёќатро гираду тарбия кунад, бењтарин кор мешавад. Коргардон бояд би-

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

сёр доно бошад, бояд тамоми адабиёти љањонро донад. Гунбази аќл аст коргардон. Ман чордањ сол декани факулати театри бадеї будам. Хостам, ки гурўњи наворбардориро боз кунам. Наворбардорро меёбем, аммо дар наќшаи таълимї бисёр фанњои дигар њастанд, мо он устодонро надорем. -Шумо аз сатњи таълими мутахассисони ояндаи њунари мо дар ин боргоњ розї њастед? -Ман аз шуъбаи актёрї розї њастам, чунки актёрњои бењтарин дар донишкада љамъ шудаанд чун Шералї Абдулќайс, Ќурбони Собир ва дигарон. Лекин охир дигар шуъбањо амсоли коргадони театр ё синаморо њам дигар бояд њамаљониба ташкил кунанд, устодони бењтаринро даъват кунанд. Агар ин корро накунем, дар оянда низ чун имрўз филмњои мо ё намоишњои мо њамин хел сабуку хасакї боќї мемонанд. -Пайванди адабиёту театр, равобити пайвастаи адибону актёрон ё коргардонњо имрўз хеле кам ба назар мерасад. Оё

ин њам таъсиргузор њаст ба вазъи театр? -Театр алоњида, синамо алоњидаву адабиёт алоњида ин хел намешавад. Танњо пайвандии синамову театру адабиёт самаре ба бор меоварад. -Устод Таѓоймурод Розиќов дар айни камолоти синниву њунарї иљрои чї гуна наќшро орзу дошта бошад? -Актёрї касабае аст, ки вай доимо дастнигар аст. Мо аз пеши худамон њељ коре карда наметавонем. Мумкин мо људо мекунем, ё моро људо мекунанд. Барои њамин ин чизро аниќ гуфта наметавонам, лекин ман орзу дорам, ки то ваќте ки зинда њастам, дар театр бошам. -Дар мавриди вазъи имрўзи Театри љавонон чї мегўед? - Њоло дар театри мо ягон намоише нест, ки ман гўям, ки моли Театри љавонон аст. Бубинед, спектакли «Рустаму Суњроб» намоиши Театри Маяковский буд, чї зарурат дошт, ки онро оварда дар Театри љавонон ба сањна гузоранд? Ё «Бойзан»-ро чї лозим буд овардан? Одамоне ба театри мо омаданд, ки худхоњанд. -Њатто њамон сањнаи «Шабе дур аз Ватан» њам? -Ман фикр мекунам ин чиз бисёр аз драмтургия дур аст ва тарзи бозияшон њам ба ман маъќул нест. Мо мехоњем, ки насле биёяд, ки роњи моро идома дињад. Мо ана њудуди чилу се сол ин театрро пеш бурдем, дигар он тарафаш ба дасти љавонон аст. -Ташаккур барои суњбат Суњбатнигор Бањман

www.ruzgor.tj


12

Шоир ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Бунёдгузори шеъри нав

Нимо Юшиљ аст ё устод Айнї? Рўзи љумъа, 18-уми октябр дар Маљлисгоњи Иттињодияи адибони кишвар бо иштироки ањли ќалам ва мунаќќидону олимон мањфиле дар мавзўи «Шеъри нав дар адабиёти имрўзи тољик» баргузор гардид. Камол Насрулло, Шоири халќии Тољикистон ва муовини Раиси Иттифоќи нависандагони кишвар, ки њамчунин муљрии ин мањфил буд, дар оѓози суњбат дар мавриди шеъри нав гуфт, ки «ваќте ки сухан, ваќте ки шеър ё андешаи шоир дар ќолабњои суннатї намеѓунљад ва њамин андеша ќолабро мешиканаду берун мерезад, њамон шеъри озод, шеъри сафед аст». Ба андешаи Камол Насрулло «ин навъи шеърї таъсир аз назми Ѓарб аст, агарчї андешањое њам њастанд, ки шеъри сафеду озоди мо њатто то ислом вуљуд дошт. Аммо устод Лоиќ мегўянд, ки: Шеъри нав бархост њамчун одами нав, Њамчу тифли инќилоб. Бо саволу бо хитобу бо љавоб, Захмњои пушти Айнї мисраъњои ў шуданд, Оњњои дардолудаш нидои ў шуданд.» Баъдан Камол Насрулло яке аз муваффаќќтарин ва тавонмандтарин шоирони навсарои тољик, ки шеъраш аз љониби адабиётшиносони кишварњои њамзабон њам бањои сазовор гирифта, устод Доро Наљотро ба минбар таклиф кард. «Шеъри нав дар адабиёти муосири тољик аз зарфи солњои бистуми ќарни гузашта бо таѓйири сохторњои сиёсиву иљтимої ба вуљуд омада, ба эљоди тањаввул дар шеъри тољик ифтитоњ гузошт. Ваќте мо шеъри «Марши њур-

Чашми ту монду моњ, В-ин њарду дўхтанд, Ба чашмони ман нигоњ.» Њамчунин, Мубашшир Акбарзода илова кард, ки «мо шоирони хубе њам дорем, ки бо баёни андак маънии бешро ифода карда бошанд. Вале ман мехоњам, ки бештар бошанд». Аскар Њаким, Шоири Халќии Тољикистон, дар оѓози суханронияш гуфт, ки мо бояд аввал фарќ гузорем, ки шеъри озод ва шеъри сафед чї аст ва ин ду навъи шеърї куллан аз њамдигар фарќ доранд. Дар мавриди ибтидои шеъри нав Аскар Њаким ин андешаро баён кард, ки «Таъриф намекунам, аммо ман дар ин соња омўзиши бисёр кардаву љилд- љилд китоб хондаам. Ман мегўям, ки пайдо шудани шеъри нав ниёзи бисёр сахти иљтимої ва фарњангї буд. Шеъри нав пайдо шуданаш ва инкишоф ёфтанаш дар Ирон ба вазъи сиёсиви иљтимоии ин кишвар вобаста буд. Шоире, ки дар замони шоњї маќсадашро гуфтан мехост, рўирост гуфта наметавонист, агар мегуфт ё лабашро медўхтанд ё ба азоб гирифтор мекарданд. Бинобар њамин шоир маљбур шуд, ки барои гуфтани маќсадаш аз рамз, аз истиора, аз ибњом истифода барад, ки дар назари аввал дастрас нест. Бинобар њамин як ниёзи иљтимої ба вуљуд омад. Шеъри на-

Доро Наљот

Аскар Њаким

Муњаммадалии Аљамї

Мубашшири Акбарзод

рият»-ро мехонем, ба њунари бисёр баланди устод Айнї ќоил мешавем. Аз ин шеър оњанг мехезад, оњанги мутантан. Виљагии шеъри нав навпардозї дар ќолабњои суннатї буд ва дар њамин замина шеъри нав падид омад ва имрўз он ба ду љанбаи аслии худ, яъне шеъри озод ва шеъри сафед мавриди шинохт ќарор дорад. Шеъри озодро дар Ирон ќолаби нимої гўянд. Ин навъи шеър зодаи биниш ва идроки тозаи њунарист мисли шеъри суннатии вазндор, аммо мисраъњо дар он метавонанд кўтоњ ё дароз бошанд, як мисраъ метавонад ба ду ё се таќсим шавад ва ќофия дар ин навъи шеър љойи мушаххас надорад. Шоир дар ин навъи шеър метавонад аз тасвирњо, истиорањо, ибњом, таркибњо ва таносубњои тозаи вољгониро рўйи кор орад ва он чї дар бисоти шоирї дорад, матрањ намояд»- гуфт дар оѓози маърўзаи худ Доро Наљот. Ба андешаи Доро Наљот њам устод Айнї нахустин шоире буд, ки шеъри озодро ба гунаи шеърњои инќилобї ба љавлон овард. Ў њамчунин Лоњутиро чун намояндаи шеъри нав эътироф кард. Доро Наљот афзуд, ки «Пайрав Сулаймонї шевањои футуристии Маяковскийро ба кор гирифта, ба андозае дар ин росто муваффаќ гардид. Ѓаффор Мирзо ќисмате аз ашъорашро дар шакли нав иншо намуд. Ва оѓоз аз солњои шастум шеъри озоди Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Бозор Собир, Ќутбї Киром, Мастон Шералї ва њамчунин устод Турсунзода бо «Садои Осиё» дар адабиёт бо рангу бўйи тоза љавлон кард ». Сапедсарои маъруфи тољик таъкид намуд, ки ин шоирон таъсирпазир аз Нимо набудаанд. Ба ќавли ў «инњо дар заминаи ошноињое, ки бо љараёнњои шеъри русї ва љањонї ва

баъдтар шеъри иронї доштанд ва албатта бо таъсирпазирињои андак аз Нодирпур, Соя, Фурўѓи Фаррухзод ва чанд шоири дигари иронї, ки шеърашон дар дастрас ќарор дошт, ќомати шеъри озоди Тољикистонро рост карданд. Аз ин рў мо наметавонем Нимо Юшиљро саромади шеъри озоди тољик шуморем ва бо устод Айнии худамон иктифо мекунем. Шоирони дигар чун Гулрухсор, Гулназар, Аскар Њаким, Камол Насрулло, Саидалї Маъмур, Рањмат Назрї, Мењмон Бахтї, Њаќназар Ѓоиб, Рустами Вањњоб, Зиё Абдулло, Низом Ќосим, Муњаммадалии Аљамї, Фарзона, Салими Хатлонї, Салими Зарафшонфар, Ањмадљони Рањматзод, Озарахш, Сиёвуш, Сурўш ва дигарон дар густариши ин навъи шеър сањми бориз ба љой гузоштаанд». Њамчунин Доро Наљот аз шоирони тољик азљумла хост: «њељ ваќт ба шеъри иронињо таќлид накунед». Ба андешаи ў «бояд кўшиш кунем, ки аз вуљуди худамон, аз маѓзи тафаккури худамон гапњои тоза ёбем». Доро Наљот афзуд, ки дар шеърњои баъзе аз шоирони мо таркибњои дунболадор ва иборапардозињои печопеч бисёр ба чашм мерасад. «Ин гуна шоирон гумон мебаранд, ки бо ин услуб тавоноии худро нишон медињанд, дар асл чунин услуб нишонаи нотавонии шоир аст»афзуд ў. Муњаммадалии Аљамї, яке дигар аз щоирони дар гуфтани шеърњои сафеду нимої пешгом дар ин маврид чунин ибрози андеша кард, ки њанўз аз оѓози пайдоишаш инсон ќадам мегузошт ба сўйи нав шудан ва њамин маънї дар абёти Мавлонои бузург њам омада, ки: Дилбариву бедилї асрори мост, Кор кори мост, чун Ў ёри мост.

Навбати куњнафурўшон даргузашт, Навфурўшонему ин бозори мост. Сабаби сар задани ниёз ба гуфтани шеъри навро Муњаммадалии Аљамї дар он мебинад, ки шеъри суннатї воќеан бисёр ќолабишуда буд. Ў афзуд, ки мояи шеъри сафед њам њамон андешаи солим аст, на тасвирсозиву суханбофињои бењуда. Мубашшири Акбарзод, мунаќќид ва адабиётшиноси тољик афзуд, ки «инљо бањс дар мавриди аз кї шуруъ шудани шеъри нав буд, ки муњаќќиќони иронї инро ба номи Нимо Юшиљ мебанданд, ки ў шеъри «Афсона»-ро дар соли 1920-ум гуфта буд, дар њоле, ки устод Айнї панљ сол пеш аз ин шеъри «Марши њуррият»-ро дар њамон вазн навишта. Бинобар ин мо бо боварии том метавонем гуфт, ки оѓози шеъри нав аз устод Айнї аст». Ба андешаи ин мунаќќиди тољик «шеъри нав гуфтан ба њар маънї сухани тоза гуфтан аст. Мањорати шоир ваќте ошкор мешавад, ки суханашро дар ќолаби зебо бо оњангу бо санъатњои шеърї гуфта бошад. » Аммо Мубашшир Акбарзода изњори нигаронї кард: «мутаассифона, дар шеъри мо гапи муфт бисёр аст. Шоирони мо шеърњои дароз мегўянд, аммо бардоште аз он намекунї. Чаро мо мисли Њушанги Ибтињољ камтар шоире дорем, ки мегўяд: Синаам садафи холи як танњоист, Ту чу марворид, Гардановези касони дигарї. Ё мисли Нодирпур: Дар шиша анкабути сиёњи шикастагї, Торе танида буд, Алмоси чашмњои ту дар шиша хат кашид, Ва шиша дар сукути дарахтон шикасту рехт,

вро шикасти сохти иљтимої ба миён овард. Бинобар њамин дар баробари шикасти сохти иљтимої сохти шеъри суннатии мо шикаста шуд. Барои њамин дар Ирон ин чиз ривољ ёфт. Аммо дар Шўравї чаро ривољ наёфт? Ман њам мисли Шумо мехоњам ифтихор кунам, ки устод Айнї аввалин шеъри навро гуфтааст. Аммо шеъри имрўзаи сафед ё озод шабоњате ба «Марши њуррият»и устод Айнї дорад? Ин шеърњо аз назари сифат ва табиат аз њамдигар замину осмон фарќ мекунанд.» Ба андешаи Аскар Њаким шеъри ситоиш нест, ки инќилобро васф кунад ё партияи коммунистї ё демократиро. Яке аз муњимтарин фазилатњои шеъри сафед ё озод дар он аст, ки дар ў мадњ нест. Аскар Њаким дар ин бобат таъкид дошт, ки «ин гапро пеш аз ман Фурўѓи Фаррухзод дар яке аз маќолањояш гуфта». Аскар Њаким дар идомаи суханаш аз Гулназар, Камол Насрулло ва Доро Наљоту Фарзона чун гўяндагони муваффаќи шеъри сафед ва озод ёдовар шуд. «Фарзона муъљиза аст. Соли 2003-юм дар Хуљанд бо номи «Ќатрае аз Мўлиён» се љилд китобаш нашр шуд. Ман дар асри бисту бистуяк дар адабиёти тољик ин хел шоирро надидам, ки ин ќадар шеър гуфта бошаду ин ќадар олї гуфта бошад.» Дар фарљоми суњбат устод Аскар Њаким, Шоири Халќии Тољикистон аз њамагон хост, ки бо як мањфил намешавад мавриди њама пањлўњои шеъри нав бањс кард. Ва ў аз њамаи иштиёќмандон даъват ба амал овард, ки бори дигар љамъ шаванду сари ин мавзўъ суњбат ороянд. Бањман, «Рўзгор»

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru


Таљрибаи рўзгор

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

ВАЛАМАТЗОДА УСТОДИ РАЌС Ё АМИНЗОДА? Маъмулан ба сањнагузорандагони раќсњо занонанд ва то љое хабар дорем, дар гузаштаи начандон дур фаъолияти њунарии Гавњар Мирљумъава ва Зебо Аминзода дар ин самт хеле назаррас буд. Аммо дар ин радиф аз Ѓаффор Валаматзода низ ном мебаранд. Ва «Рўзгор» дар як навиштаи худ дар мавриди аввалин кинои тољик аз ў ба унвони нахустин басањнагузорандаи раќси миллии тољикї ёд кардааст. Мехостам дар бораи ў маълумот дошта бошам. Кист ў ва њоло саргарми чї кор аст. Муњсин Табаров, Тољикобод

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "РЎЗГОР" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои

907-91-59-34, 934-26-00-43 МЕТАВОНЕД ИРСОЛ КУНЕД.

Ба ин саволи хонанда номзади илмњои педагогї, дотсент, Љонишини Директори Китобхонаи миллии Тољикистон ва муаллифи китоби шарњињолї ва библографии «Ѓаффор Валаматзода» Шариф Тошев посух дод. Ѓаффор Валаматзода дар њаќиќат яке аз чењрањои шинохтаи њунар дар кишвар аст, ки мутаассифона, њоло дар ќайди њаёт нест. 12 декабри соли 1993, дар айни љўшу хурўши љанги шањрвандї ва замони бебандубории мамлакат рахт аз олам барбастааст. Ѓаффор Валаматзода - Артисти Халќии СССР, дорандаи љоизањои давлатии СССР ва Тољикистон ба номи Рўдакї 9 майи соли 1926 дар шањри Хуљанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омўзишгоњи мусиќии зодгоњаш соли 1934 дар театри мусиќии Узбекистон ба њайси як њунарманди балет фаъолият менамояд. Солњои 1934-1939 артисти балет ва балетмейстери Театри мусиќии Тољикистон ба номи Лоњутї буд ва баъди он муддати шаш сол солисти балет ва балетмейстери Театри опера ва балети Тољикистон буд. Моњи марти соли 1940 Ансамбли тарона ва раќси тољикї ташкил меёбад, ки дар њайати он 75 нафар мутрибону њофизон ва раќќосон аз тамоми гўшаву канори љумњурї гирд оварда шуданд. Њайати ансамбл наздик ба 100 асари классикї, халќї ва вокалиро љамъ намуда, такмил доданд ва дар Дањаи санъати тољик дар Маскав пешнињод намуданд, ки дар ин кор њиссаи Валаматзода беназир аст. Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї Ѓаффор Валаматзода чун устоди раќс дар тањия ва ба сањнагузории намоишномањои солњои љанг, аз ќабили «Ду гул», «Розия», «Тоњир ва Зўњро» сањми арзанда гузоштааст. Дар як посухномаи кутоњ наметавон њама хидматњои арзандаи ин њунарманди соњибистеъдодро ба ќалам дод. Вале метавон гуфт, ки тўли умри худ Ѓаффор Валаматзода дар рушди санъати опера ва балети тољик зањматњои фаровон кашидааст, дар бунёди дастаи њунарии раќсии «Лола» сањми арзанда гузоштааст. Валаматзода устоди раќс буд ва сањнањои раќсии аксари филмњои њунарии мусиќие, ки дар замони дар ќайди њаёт будани ў рўи навор омадаанд ва бештари намоишномањои театрњои мамлакат аз љониби ў ба сањна гузошта шудаанд. Аз љумла дар таълифи мусиќї, тањия ва басањнагузории раќсњои намоишномањои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боѓчасарой, «Кўли ќувон», «Пўлод ва Гулрў», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Ком-

БАРОДАРОН ЛУИ ВА ОГЮСТ ЛЮМЕРЊО

КАРЛО ЛИТСАНЇ де ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи куњї» сањми калон дошт. Ѓаффор Валаматзода солњои 1956-1964 директори театри опера ва балети ба номи С.Айнї, солњои 1963-1968 директор ва роњбари бадеии Филармонияи давлатии Тољикистон ва солњои 19681979 роњбари бадеї ва сарбалетмейстри Ансамбли раќсии «Лола» буд ва соли 1979 бори дигар ба Театри опера ва балети ба номи С.Айнї ба њайси директори он баргашт ва муддати се сол дар њамин вазифа монд. Валаматзода дар рушду нумўи санъати хореграфии тољик сањми босазо дорад. Барои хизматњои шоёнаш соли 1941 сазовори унвони фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тољикистон», соли 1945 «Артисти халќии Тољикистон», соли 1976 «Артисти халќии СССР» сарфароз шудааст. Вай њамчунин дорандаи љоизањои давлатии СССР, Тољикистон, 2 ордени Ленин, 3 ордени “Байраќи сурхи мењнат» ва чандин медалњо мебошад.

АВВАЛИН ФИЛМИ ЉАЊОНРО ЁД ДОРЕД? Дар шумораи гузаштаи «Рўзгор» дар посух ба саволи хонанда, шумо дар бораи аввалин филмњои тољикї навишта будед. Ман мехостам донам, ки аввалин филм кай ва дар куљо наворбардорї шудаву дар куљо номоиш дода шудааст. Моњсафар, донишљў Таърихи кино марбут ба асри XIX аст. Њатто аксњо чун воситаи ба њаракат даровардани тасвирњо аввали ин ќарн пайдо шудаанд. Аввалин касоне, ки филм офариданд, фаронсавињо бародарон

Луи ва Огюст Люмерњо буданд. Дастгоњи эљодкардаи онњо барои ба њаракат даровардани тасвирњо хеле муносиб буд ва дар нишон додани филмњои аввалин низ мањз дастгоњњои онњо муваффаќият касб кард. Намоиши аввалин филмњо низ дар Порис сурат гирифтанд. Ин кор бори нахуст моњи марти соли 1895 иттифоќ уфтод. Вале рўзи тавлиди филм 28 декабри соли 1895 ба њисоб меравад. Ин рўзе буд, ки дар тањхонаи “Гран Кафе” аввалин киносеанси тиљоратї баргузор шуд. Дар он бародарон Люмерњо њудудан дањ филми кўтоњметражи худро, ки њар кадом на бештар аз 1 даќиќа тўл мекашиданд, намоиш доданд. Филми нахуст “Баромадани коргарон аз фабрика” ном дошт. Вале машњуртарин ва пуровозатарини ин филмњо, ки ба бинандагон таъсироти амиќ гузошт, “Расидаи ќатор” ном дошт. Ќатор гўё рост аз экран ба самти намоишгоњ, ба рўи одамон њаракат мекард, ки ин басо реалистї, пуртаъсир ва њаяљонбарангез буд. Баъдтар директори яке аз театрњои Порис Жорж Мелес ба филмбардорї љалб шуд. Вай дар кино имкони бештари зери таъсир гирифтани бинандагонро дарёфт. Мелес дар таърихи киноматографияи дунё аввалин касе мањсуб мешавад, ки бо сенария филмбардорї кардааст ва яке аз нахустин филмњои ў “Сафар ба Моњ” ном дошт, ки соли 1902 намоиш дода шуд. Дар дањаи аввали ќарни ХХ давомнокии филмњо тадриљан рў ба афзоиш оварданд. Соли 1908 дар Фаронса аллакай фањмиши «филм д’ар» - «филми бадеї” ба миён омад. То соли 1910 70% филмњои љањонї дар Фаронса ба навор гирифтаву намоиш дода ме-

ruzgor@hotmail.com

шуданд. Вале баъдтар дар ИМА, Британияи Кабир, Олмон низ филмбардорї шурўъ шудаву рў ба рушд меовард. Дар дањаи аввали асри 20 филмњо аввал то 15 даќиќа буданд. Соли 1915 амрикої Гриффит филми “Тавлиди миллат”-ро ба навор гирифт, ки 3 соат идома дошт. Филм нажодпарастона буд ва дар баробари он, ки мављи ноамнињоро ба миён овард, боз яке аз сердаромадтарин ва сербинандатарин филмњои давр буд, ки тибќи иттилои он замон наздик ба 100 миллион тан онро тамошо карданд. Албатта, таърихи филмсозии љањон хеле мароќангез аст ва чун хонанда дар бораи филми нахустини олам суол карда буд, бо њамин иктифо мекунем.

ЧАРО КАРЛО ЛИТСАНЇ ХУДКУШЇ КАРД? Њафтае ќабл да бораи худкушии коргардони машњури итолявї Литсанї хабар пањн шуда буд. Метавонед дар бораи ў ва сабаби худкушиаш маълумот дињед? Мењрубон Азимљонов, Истаравшан Дуруст гуфтед, ки Карло Литсанї, яке аз коргардонњои чирадасти Италия ва муаллифи филмномањои зиёду хотирмон худро аз тирезаи хонаи шахсиаш дар шањри Рим ба берун њаво дод ва ба њалокат расид. Карло Литсанї моњи апрели соли 1922 дар шањри Рим ба дунё омадааст. Фаъолияташро дар соњаи кино аз танќид оѓоз кардааст ва баъдан барои коргардонњое машњуре чун Роберто Росселинї, Джузеппа де Сантис ва Алберто Латтуада филмномањо на-

info@ruzgor.tj

13

виштааст. Аммо баъдан дар Милан ба коргардонї шуруъ кардааст. Аввалин филми њуљљатии ў “Дар Љануб ким чизе таѓйир ёфтааст”, соли 1950 рўи кор омадааст. Аммо як сол баъд вай аллакай дар озмунњо ширкат кардааст ва филми аввалини бадеии вай, ки барояш то љое шуњрат њам овардааст, “Эњтиёт! Ѓоратгарон!” ном дорад. Вале баъдан филми вай бо номи “Повест дар бораи ошиќони фаќир” машњур шудааст. Вале шўњрати бењад барояш аз филмњои дар жанри криминал бардоштаааш: «Мурофиа дар Верона”, “Ѓоратгарон дар Милан», “Љои девона”, “Муссолинї, кори охирин” омадааст. Дар солњои бозсозї дар Иттињоди Шўравї бо номи “Горбачёви мўњтарам” филме ба навор гирифт, ки боиси сару садоњои зиёд дар олами синамо гардид. Охирин филми ў бо номи “Њутали Меина” соли 2007 рўи кор омад ва баъдан коргардони шинохта бештар рўи асарњои њуљљатї кор мекард ва ин гуна филмњо барои телевизион мебардошт. Соли 2013 якљо бо Љаннї Ботсаккї фими «Неореализм. Мо на танњо “Дучархарабоён” будем”-ро ба навор гирифт. Солњои 1979 то 1982 директори кинофестивали байналмилалии Венетсия будааст. Вай бо олитарин мукофотњои давлатии Италия ќадр шудааст. Аммо Литсанї аввалин коргардони машњури ин кишвар нест, ки умри худро дар синну соли пирї бо худкушї ба поён мебаранд. Соли 2010 дар остонаи 96-умин соли умр дигар аз коргардонњои машњури Италия, Марио Моничеллї низ даст ба худкушї зада буд.

САНАВБАРИ ДАРОЗУМРРО МЕДОНЕД ДАР КУЉОСТ? Оё донистан мумкин аст, ки куњанумртарин дарахти олам дар куљост? Дарахти ќоматбаланди олам кадом аст ва дар куљо кашф шудааст? Нафиса, Шањринав Бале, ахиран дар ин бора хабари њангомабарангезе пахш гардид, ки метавон гуфт њамагонро дар њайрат андохт. Олимони Донишгоњи Умеа ба ин натиља расиданд, ки куњанумртарин дарахти олам дар куњи Фулуи Шветсия мебошад. Дарахти санавбар, ки ахиран кашф гардид, бино ба тайиди олимон ќариб 10 њазор сол умр дорад. Ин бо ёрии дастгоњи ташхиси радиокарбонї кашф шудааст. Гуфта мешавад, ки дар кўњи Фулу чор дарахти хеле ќадимии олам ќад кашидаанд, ки куњнатарини онњо шояд аз 9500 сол бештар дорад. Ва љолиб он аст, ки ин дарахтонро ногањониву тасодуфан кашф кардаанд ва то њамин солњои наздик инсоният ин гуна иттило дар мавриди дарахтони ќадимии олам надошт Аммо бино ба пажуњиши дигар баландтарин дарахти олам дар штати Калифорнияи ИМА ќомат афрохтааст. Гуфта мешавад, ки дар кўњњои Серра-Невада, дарахтони секвой баланд шудаанд, ки метавон онњоро чун баландтарин дарахти олам номид. Онњоро њатто сарќабилаи табиат њам меноманд. Ин дарахтони азимљусса хеле дарозумранд ва бино ба тањќиќоти олимон аз 2200 то 4000 сол умр мебинанд. Дарахти аввалро бо номи Мендосино ёд мекунанд, ки 117 метр баландї дорад. Баъди ў дарахте меояд, ки бо номи генерал Шерман номгузорї шудааст ва 83 метр баландї дорад.

www.ruzgor.tj


14

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Ш

Шеъри рўзгори мо

www.ruzgor.tj

АРМУЃОНИ

«ЊАМЕШАБАЊОР» ЧИЛ ЧАРОЃИ МАЊФИЛ РАВШАН ШУД! Мањфилгоњи мо 40 љойи нишаст дорад. Нахустин бор њамаи љойњо банд шуданд. Яъне, иштирокчиёни мањфили гузашта 40 нафарро ташкил доданд. Љалоли Шафеъї ин дафъа дастгоњи хуби аккосї овард. Дар оѓози мањфил Љазбулоњи Ботинї бањсро зуд-зуд ба љанљол мебурд. Бонуе гуфт: -Ин љо Мањфили Њамешабањор аст. Бањсњо њам бояд мисоли бањор болатофату хуштароват бошанд. Ва мањфил низ то охир њамчунин гузашт. Хонаводае аз ноњияи Њисор омад, ки њамаашон шеър мегуфтанд: Модарашон Фотима, духтаронаш Манижаю Марљона ва писари хурдсолаш, ки, мутаассифона, номашро

Афсар САРМАД, корманди Хадамоти гумруки Тољикистон

ШОЊИ ХУБОН Эњдо ба адибаи Эронзамин – Марями ЗАМОНДОН Дар хати абруи моњат хуфта сад асрори ту, Шаккарину пурмаъонї - лањни хушгуфтори ту. Марямо, ин ќадди мавзун – рашки сарви Исфањон, Ман сано гуям ба он суратгару меъмори ту. Килки эљодат њаме андар дабистони хирад Менависад дафтари шеъри тару афкори ту. Маънии шеъри дарию форсию тољикї Ин њама мењри Аљам бинњуфта дар пиндори ту. Шеъри нобат инъикоси вожањои зиндагї, Дар гулистони адаб зебад гули бехори ту. Љидду љањдам ин бувад дар сангари неку бадї: Мањбаси доим бисозам бо ѓаму темори ту. Дар кафам дурдонањои ашки Марям, аз Худо Ман бихоњам равнаќу ављу барори кори ту. То ки дар ин дилсаро бошї шукуфон умрбод, Боѓбонї мекунам дар боѓу дар гулзори ту. Бар ту бахшидам ѓазал ман аз нигористони дил Њамчу як гулбуттае бар гулшани бехори ту. Ин суханњои наку гуфтам ба ту аз шавќи дил, Тарсам аз он ки наояд ќањру рашки ёри ту. Гар бихоњад бар дили ту рахна созад нокасе, Афсарам, бал посбонам бар дару девори ту. Баски Марям баргузида як замон Яздони пок, Сарнагун бодо њамеша душмани беори ту. Шоирам, ман Сармади шуридаю овораам, Шоњи хубонї туву ман шоири дарбори ту.

нанавиштем. Падарашон дар љанги шањрвандї кушта шудааст. Президенти кишвар ба онњо хонае њадя кардааст, ки боиси саодатмандии онњо гаштааст. Тавсия гирифтанд, ки њамаашон шеъри бачагона машќ кунанд. Онњо ин пешнињодро хуш пазируфтанд. Дар фарљоми мањфил Манижа раќси дилошубе ба њозирин њадя кард. 1 нусха шумораи навбатии нашрияи «Рузгор» ба Гулбибї Боќиева ба хотири ин ду байт њадя гардид: Дар ин дунё дарахту одаму гул њам ѓаме дорад, Сањар дар шохи гул биншаста булбул њам ѓаме дорад. Магў Хуршед механдад, бигў Хуршед месўзад, Фурўѓи ќалби он зарринакокул њам ѓаме дорад. Дилнишини ДИЛКАШ, корманди шўъбаи адабиёти хориљии Китобхонаи миллии Тољикистон ЌИССАИ МУЊАББАТ Ќалби ман будї ба ќалбам, ќалби ту ќаллоб гашт, Љони ман, рафтї зи љонам, љони ман бе љон бимонд. Чашми ту чашми маро чашмони чашма гуфту рафт, Дидаат дидор диду дидаам гирён бимонд. Дил ба дил гуфто: махур ѓам, ѓам ба ѓамњо меравад, Ѓам ѓами дил дидаву ѓамгину бесомон бимонд. Дар дили шаб дидаи шабзиндадори ман нахуфт, Шаб ба њоли ќалби чун шаб хаставу њайрон бимонд. Моњтоб андар само њоли Мањирухсор дид, Ѓусса дар зулмот хурду оќибат пинњон бимонд. Абри найсон дид ногањ абри чашмони маро, Гиряњо кард аз бароям, синаам сўзон бимонд. Дилнишини Дилкашам аз дилкашон дилкаштарам, Ќисса гуфтам аз муњаббат, ќисса бе поён бимонд.

Абдуќањњори ЌОСИМ, роњбари мањфили «Ворисони Турсунзода»-и шањри Турсунзода ШИРУ ШАКАР Љони ман андар канорам, роњати љоним бўлинг, Кўзларимга нуру гул андар гулистоним бўлинг. Майда-майда меравї сарви хиромоним бўлинг, Эй парї, рањме бикун, дардимга дармоним бўлинг. Ман ба он рўи чу моњат гашта ќурбон ўргилай, Бар ду чашмони сиёњат гашта њайрон айланай. Меравї шармида аз ман, эй бањори орзу, Эй гули зебою эй моњи шабистон, айланай. Кам ќилинг љабру љафою роњати љоним бўлинг, Кулбаи вайронада шамъи шабистоним бўлинг. Чун кашад Ќањњор ин бори људої оќибат, Рањм бар љонам бикун, ёри вафодорим бўлинг.

Саломат РАСУЛЗОДА Абдурањмон ЊАКИМЗОДА, омўзгори Донишгоњи Давлатии Тиљорати Тољикистон ИШЌИ СУНЪЇ Њайфо, ки сўзу сози ишќ, Дар ќалби ман маъво накард, Он мањ ба ин шўридагї Ишќаш ба ќалбам љо накард. Гуфтам: муњаббат чист, чист? Гуфтї, ки нашносї варо! Гуфтам: садоќатњо куљост? Гуфтї, ки мепурсї чаро? Дар олами мењру вафо Камбовару камбоварам. Бар сўзњои дилбарї, Эй вой, шак меоварам! Аз ишќи сунъї пур шудаст Бар дидаи ман ин љањон. Њар кї садоќатпеша аст, Овора асту саргарон. Пас ишќ, эй ишќи асил, Бо ќалби ман њамхона шав, Аз булњавасњои хасї Бегона шав, бегона шав!

www.ruzgor.tj

ХОЊАР Дидадарої, хоњарам, Бар дида љої, хоњарам. Дар гарму сарди рўзгор, Ўњдабарої, хоњарам. ДЎСТ Дўст, мењратро пазирам, Пеши поят ман бимирам. Нимрањ асло намонї, Монї, дастатро бигирам.

Љазбуллоњи БОТИНЇ, муваќќатан бекор ЃОЛИБ Хомўшии Њаќ, ки то ќиёмат монад, Бисёрбузургии варо фањмонад. Зўри хомуш бењ аз заифи гуё, Ѓолиб бувад Худо, њама медонад.

ТАНЊОЇ Безорам аз танњої, Рўзу шабам рањпої. Рафти зи паи њавас, Њавас мирад, боз ої.

САХЇ Шеъру суханам сахист, моида дињад, Таълими аќида, дарси ќоида дињад. Аз беамалии ман туро нест зиён, То илми дилам ба љумла фоида дињад.

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru


(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

15

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР Бо касам дар замона улфат нест, Ки на ањли замонаро монам.

Султони Њамад, «Рўзгор»

Хоксорї баландќадрам кард, Хоки он остонаро монам.

Ањмад Зоњир аз ин њафт байти ѓазали "Дили зоре, ки ман дорам" байти матлаъ, байти дуввум ва байти чорумро интихоб кардааст ва дар суруди худ љой додааст. Тарона 4 даќиќаву 37 сония давомнокї дорад ва дар навохтани оњанги он аз созњои синтезатор, њармония, трумпет ва табла истифода шудааст. Як варианти мањфилии ин суруд мављуд аст. Вале мутаассифона, мо шакли пурраи онро дар даст надорем. Варианте, ки дар дасти мо њаст, њамагї 42 сония давомнокї дорад ва дар ин муддат Ањмад Зоњир танњои матлаъи ѓазалро мехонад. "ЛОЛАИ ДОЃДИДАРО МОНАМ" Чанд моњ ќабл муњаќќиќи нуктасанљи осори Ањмад Зоњири нотакрор, дўсти кобулиям, Муњаммад Њоруни Хуросонї, ки муаллифи китоби машњури "Садои ќарн" мебошад, тавассути шабакаи иљтимоии фейсбук аз ман пурсид, ки оё таронаи "Лолаи доѓдидаро монам"-ро дар иљрои Ањмад Зоњир шунидаам ва онро дорам, ё на. Посухаш додам, ки ин таронаро ман дар иљрои Ањмад Зоњир на танњо надорам, балки нашунидаам. Њатто дар бораи чунин тарона доштани Ањмад Зоњир бо ў ибрози тардид њам кардам. Чун дўстам фањмид, ки ман ин таронаро дар иљрои Ањмад Зоњир, дар њаќиќат, надорам, ибрози хурсандї кард. Ва даррав гуфт, ки ин хурсандияш аз он аст, ки билохира метавонад барои ман хидматеро анљом бидињад. "Охир мо аз Шумо таронањои зиёдеро гирифтем, ки дар бойгониямон надоштем. Вале ба Шумо намедонистем чї хизмат кунем",- мегуфт ў. (Бояд бигўям, ки Њорунљон лутф мекарданд. Ман ба он кас танњо таронањои бо устод Љўрабек Назриев хондаи Ањмад Зоњирро фиристода будам. Баръакс он кас то ин ваќт бароям вариантњои мухталифи таронањои зиёдеро дар иљрои Ањмад Зоњир фиристода буданд). Ва худи њамон лањза тариќи интернет ба ман суруди "Лолаи доѓдидаро монам"-ро фиристоданд. Бовар кунед, ваќте, ки ин таронаро саросемавор шунидам, эњсосе маро фаро гирифт, ки аз баёнаш ољизам. Аз як тараф хурсанд будам, ки дунёи наверо кашф кардам. Аз тарафи дигар садои њузнангезу таронаи љигарсўзи Ањмад Зоњир маро чунон њам мутаассир сохт, ки гумон кардам њаминаст суруди вопасину пешазмаргии Ањмад Зоњир. Махсусан ваќте мисраи "Сайди дар хун тапидаро монам"-ро шунидам, гумон кардам, ки ин мисраъро рўњи худи Ањмад Зоњир дар болои љисми

Бигзарам з-ин кабудхайма Рањї, Тири оњи шабонаро монам. Ѓазали аввалро Рањї иборат аз 11 байт соли 1948 ва ѓазали дуввумро иборат аз 7 байт соли 1949 эљод кардааст. Чи тавре мебинем вазну радиф дар њарду ѓазал яксон њастанд. Танњо ќофияи ин ду ѓазал аз њам фарќ мекунанд. Вале мазмуни њарду ѓазал ќариб як аст. Шикоят аз ёру аз замона. Таронаи Ањмад Зоњир бошад 3 даќиќаву 21 сония давомнокї дорад. Дар њамин муддати каме бештар аз се даќиќа Ањмад Зоњир аз ин ду ѓазал танњо чор мисраъро месарояд. Нахуст байти аввали ѓазали якумро њамчун наќарот истифода кардааст. Сипас аз байти саввуми ѓазали дуввум мисраи аввал, "Не саранљомиву на ороме"ро мехонаду дар давомаш аз байти шашуми ѓазали аввал мисраи дуввум, яъне "Сайди дар хун тапидаро монам"-ро месарояд. Дар мобайни суруд Ањмад Зоњир байти зерини муаллифаш ба мо номаълумро ба тарзи шањдрез мехонад: Дил нест кабўтар, ки чу бархост нишинад, Аз гўшаи боме, ки паридем, паридем. хунолуди ин хунёгари нотакрор дар аѓбаи Саланг пар-парзанон месуруд. Ман он ваќт намедонистам, ки ин шеър моли кї њаст. Баъдан ваќте, ки аз Њорунљон фањмидам, ки он ѓазали Рањии Муъайирї аст, таронаи хондаи Ањмад Зоњирро бо ѓазали Рањї муќоиса кардам. Дидам, ки таронаи хондаи Ањмад Зоњир бархилофи гуфтаи дустам Њорунљон дар асоси на як ѓазал, балки дар асоси ду ѓазали Рањї эљод шудааст. Ѓазали аввал "Сояи орамида" ном дорад ва ѓазали дуввум "Бесаранљом". Барои он ки сарфањм равем, ки Ањмад Зоњир чї гуна аз ин ду ѓазал истифода кардааст, мо аввал матни њарду ѓазалро ба пуррагї ин љо меорем. СОЯИ ОРАМИДА Лолаи доѓдидаро монам, Кишти офатрасидаро монам.

Дасту пой мезанам ба хуни љигар, Сайди дар хун тапидаро монам. Ту ѓизоли рамидаро монї, Ман камони хамидаро монам. Ба ман афтодагї сафо бахшид, Сояи орамидаро монам. Дар нињодам сиёњкорї нест, Партавафшон сапедаро монам. Гуфтамаш: "Эй парї, киро монї?". Гуфт: Бахти рамидаро монам. Дилам аз доѓи ў гудохт Рањї, Лолаи доѓдидаро монам. БЕСАРАНЉОМ

Дасти таќдир аз ту дурам кард, Гули аз шохи чидаро монам.

Мурѓи хунин таронаро монам, Сайди беобу донаро монам.

Натавон баргирифтанам аз хок, Ашки аз рухчакидаро монам.

Оташинам, валек беасарам, Нолаи ошиќонаро монам.

Пеши хубонам эътиборе нест, Љинси арзонхаридаро монам

Не саранљомиву на ороме, Мурѓи беошёнаро монам.

Барќи офат дар интизори ман аст, Сабзаи навдамидаро монам.

Њадафи тири фитнаам њама умр, Пойбарљо нишонаро монам.

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

Баъдан наќароти таронаро хонда дар охир боз њамон ду мисраи баъди матлаъи ѓазали аввал сурудаашро такроран месарояд. Хонандаи гиромї, ин бори аввал нест, ки мову Шумо мушоњида мекунем, ки Ањмад Зоњир бо истифода аз ду шеъри як шоир таронае сохта онро пешкаши алоќамандонаш мекунад. Боварї дорам, ки Шумо донистаниед, ки чаро Ањмад Зоњир чунин услубро истифода мекунад, чаро тибќи маъмул ў ин гуна таронањояшро ба пояи як ѓазал бунёд накардааст? Ман њам бисёр мехостам, ки ба ин ва дигар саволњо посухи мантиќї дошта бошам. Аммо, мутаассифона, чун Ањмад Зоњир нест посух ба ин саволњо, дар њади фарзияњо буда метавонад. Аввалан бояд таъкид кунам, ки ин тарзи интихоби шеър як бори дигар аз дараљаи баланди шеърдониву шеърдўстии Ањмад Зоњири шањид далолат мекунад. Дуввум Ањмад Зоњир чун медонист тарона њамон ваќт ба дили шунаванда роњ меёбад, ки аз дили овозхон бо оњу фарёд берун шавад, бо сўзу дард парвоз кунад. Овозхон маъмулан чунин корро замоне карда метавонад, ки шеър љавобгўи дарди ў бошад, дарди ўро нола кунад. Ањмад Зоњир дар љустуљуи шеъре, ки дарди ўро нола мекард ба њамин гуна ковишњо даст мезад. Барои ў дигар фарќ надошт, ки байти маќбули дилаш аз дигар ѓазали шоир гирифта мешавад. (Идома дорад)

www.ruzgor.tj


16

Варзиш дар рўзгор

www.ruzgor.tj

№21 (021) 23 октябри соли 2013

Муњсин Муњаммадиев, фаќат ба пеш! Д АСТАИ яккачини футболи Тољикистон дар рўзњои Иди ќурбон дар Бишкек, дастаи яккачини Ќирѓизистонро бо њисоби 4 бар 1 маѓлуб сохт. Мењмонон њамаи голњояшонро дар ќисми якуми бозї заданд. Тўбњоро ба дарвозаи тими миллии Ќирѓизистон Нуриддин Давронов дар даќиќаи 6-ум, Дилшод Восиев дар даќиќаи 28-ум, Фарњод Тоњиров дар даќиќаи 32-ум ва Соњиб Саванќулов дар даќиќаи 40-ум ворид сохтанд. Ба соњибони майдон дар ќисми дуввуми бозї танњо як маротиба ва он њам дар даќиќаи 47-ум муяссар шуд, ки дарвозабони тими миллии Тољикистонро маљбур созанд то тўбро аз тўри дарвоза берун кунад.

Соњибон њарчанд кўшиданд, баъди он дигар њисобро таѓйир дода натавонистанд. Ин ѓалабаи тими миллии футболи Тољикистон гўё савѓотие буд, ки футболбозони тољик барои мухлисони сершуморашон дар рўзи Иди ќурбон аз сафар оварданд. Њанўз аз ёдњо фаромўш нашудааст, ки њамин гуна тўњфаи идонаро футболбозони тољик дар арафаи љашни Истиќлолияти давлатї карда буданд.

Он ваќт онњо дар Хуљанд дастаи мунтахаби Њиндустонро бо њисоби 3 бар 0 маѓлуб сохта буданд. Бояд гуфт, ки ин ѓалабањои мунтахаби футболи Тољикистон замоне даст доданд, ки Муњсин Муњаммадиев, собиќ бозингари дастаи дар гузашта машњури «Помир» Душанбе масъулияти сармураббигии дастаи мунтахаби миллии Тољикстонро ба уњда гирифт. Муњсин Муњаммадиев баъди пош

хўрдани Иттињоди Шўравї солњо дар дастањои мухталифи футболи кишварњои гуногун ба њайси футболбоз ва инчунин мураббї ва сармураббї ифои вазифа намуда соњиби таљрибаи бой гардидааст. Инак замоне фаро расидааст, ки ин таљрибаи бойро ба хотири инкишоф ва рушди футболи Тољикистони азизамон сарф намояд. Ѓалабањои нахустини мунтахаби Тољикистон бар мунтахаби Њиндустон ва мунтахаби Ќирѓизистон дар Бишкек бо њисоби калон тањти рањбарии Муњсин Муњаммадиев аз он далолат мекунанд, ки хатти машши интихобкардаи ў њамчун сармураббї дар њоли њозир айни муддао мебошад. Бешубња, дар он ки мунтахаби Тољикистон ахиран моњи октябр дар рейтинги ФИФА боз як зина болотар баромад, њамин ѓалабањо наќши муњим доштанд. Тољикистони мо аз нуќтаи назари шароити иќлим, пайдо ва тарбия кардани бозингарони соњибистеъдод имкониятњои хуберо доро аст. Танњо дастгирии моддиву маънавии масъулини соња, ѓамхорї кардан ба футболбозони соњибистеъдод, мураббињо, инчунин талошњои хастанопазири худи футболбозон метавонанд сатњ ва обрўи футболи тољикро дар миќёси байналмилалї болотар бардоранд. Камбуди мураббињои муттахассису соњибтаљрибаи худї дар футболи тољик бо омадани Муњсин Муњаммадиев ва Олег Ширинбеков, яке аз дигар бозингарони дар гузашта машњури тољик, шояд то андозае рафъ шуда бошад. Ба њар њол имрўз вуљуди ин мураббињо дар футболи тољикро мо њамчун як шанси таърихї барои рушди футболи кишвар медонем ва ин шансро набояд аз даст бидињем. Аз фурсат истифода бурда, Муњсин Муњаммадиевро, ки рўзи 21-уми октябр зодрўз дорад, аз самими ќалб табрик гуфта, барояш пеш аз њама саломатии бардавом, саодати рўзгор ва комёбињои беназирро дар муаррифї кардани футболи Тољикистон ба љањониён орзумандем. «Рўзгор»

Ўзбекистон - ѓолиби Љоми шоњмоти Осиёи Марказї Љ Нарзуллоњи Латиф, сомонаи "Озодї"

Ба ў 4000 доллари ИМА супурда шуд. Вай, инчунин, меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба љо овард. Устоди байналмилалї Кирилл Кудеринов ва гроссмейстер Павел Котсур, њарду аз Ќазоќистон, бо 6,5-имтиёзї љойњои дувуму севумро азони худ карданд. Њар кадом бо 2500 доллар мукофотонида шуд. Панљ нафар шатранљбозон, ки 6-имтиёзї ба даст оварданд, љойњои аз 4-ум то 8-умро соњибї карданд. Гроссмейстер Фаррух Амонатов аз Тољикистон дар байни онњо мавќеъ гирифт. Ба њар кадомашон 600-долларї супурда шуд. Инчунин чањор нафари дигар бо 5,5-имтиёзї љойњои аз 9-ум то 12-умро ишѓол намуданд. Аз он љумла се шатранљбози тољик - Љамшед Исоев, Соњиб Љураев ва Икром Илњомзода бо 450-долларї сарфароз гаштанд. Дар байни занон устоди ФИДЕ Екатерина Айнуддинова аз Ќазоќистон бо 5 имтиёз ѓолиб шуд ва соњиби 1250 доллар гардид. Вай меъёри устоди дараљаи байналмилалиро иљро кард. Устоди ФИДЕ Сарвиноз Ќурбонбоева аз Узбакистон низ 5 имтиёз гирифта, дувум шуд. Ба вай њам 1250 доллар таќдим шуд. Устоди ФИДЕ Ирина Геворкян ва гроссмейстер Нафиса Муъминова, њарду аз Узбакистон, бо 4,5-имтиёзї љойњои севуму чорумро ишѓол карданд ва бо 250-долларї сарфароз гаштанд. Дар байни наврасон устоди ФИДЕ Темур Егонини 13сола аз Узбакистон бо 4,5 имтиёз маќоми аввалро касб кард. Инчунин ду нафари дигар - Алишер Каримов ва Амин Ќобилов, њарду аз Тољикистон, 4,5-имтиёзї ба даст оварданд. Ба њарсе 666-долларї супурда шуд. Дар байни духтарон устоди ФИДЕ Гулрухбегим Тоњирљонова аз Узбакистон ва Марворид Насриддинзода аз Тољикистон натиљањои бењтарин нишон доданд ва њар кадом бо 400-далларї мукофотонида шуданд. Дар байни собиќадорон устоди байналмилалї Владимир Егин аз Узбакистон бо 5 имтиёз дар љойи аввал ќарор гирифт ва соњиби 500 доллар шуд. Ба Неъмат Зиёев аз Тољикистон, ки 3,5 имтиёз ба даст овард, барои љойи дувум 200 доллар таќдим карда шуд. Умуман, маблаѓи љавоизи мусобиќот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 њазор доллари ИМА-ро таш-

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ ЉАМЪИЯТИИ «РЎЗГОР»

www.ruzgor.tj

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

ОМИ Осиёи Марказї барои љоизањои раиси Федератсияи байналмилалии шоњмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов дар шањри Душанбе бо пирўзии Љањонгир Воњидов хотима ёфт. Муовини раиси Федератсияи шоњмоти Тољикистон Илњом Юнусов, ки љонишини сардовари ин мусобиќот буд, дар сўњбат бо мо гуфт, "ин мусобиќоти байналмилалї бо ширкати 37 шатранљбоз (25 мард ва 12 зан) аз Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон ва Узбакистон дар толори мењмонхонаи "Истиќлол"-и Душанбе аз 12-ум то 20-уми октябр баргузор шуд. Дар ин мусобиќот, ки аз 9 давр иборат буд, 7 гроссмейстер ё бузургустод, 7 устоди байналмилалї ва 8 устоди ФИДЕ иштирок доштанд." Ба иттилои љаноби Юнусов, баъди натиљагирии 9 даври мусобиќот устоди байналмилалї Љањонгир Воњидов аз шањри Самарќанди Узбакистон бо 7 имтиёз маќоми аввалро касб кард.

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД Веростор: Љањонгири СУЛТОН

кил медод. 90 дар сади он барои љоизањо ва 10 фисад барои њаќќи доварон масраф шуд. Дар њисоби умумидастаї мунтахаби Узбакистон, ки бо 44 имтиёз ѓолиб шуд, бо Љоми Осиёи Марказї сарфароз гашт. Дастаи Тољикистон бо 24 имтиёз маќоми дувум ва мунтахаби Ќазоќистон бо 20 имтиёз маќоми севумро касб карданд. Дар маросими пўшидашавии мусобиќот Алимањмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии Тољикистон ва Хусан Турдиалиев, сардовари ин мусобиќот аз Узбакистон, шатранљбозонро бо анљоми муваффаќонаи бозињо муборакбод гуфта, изњори боварї карданд, ки минбаъд дар Тољикистон мусобиќоти байналмилалї дар риштаи шоњмот бештар баргузор хоњад шуд.

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

ruzgor@mail.ru

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 *** Нашрия дар чопхонаи «Интишор» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.

Рузгор №21