Page 1

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 13 (013), чоршанбе 28 августи соли 2013

МУЛЛО СИРОЉИДДИН ГЎЕМ Ё ЭШОНИ СИРОЉИДДИН? Чаро њам мулло гўем ва њам эшон? Кадомаш дуруст? Ва баъд: эшонњо шаљараномаи худро доранд ва исбот њам мекунанд, ки гузаштагонашон ба кадоме аз сайидони бузург рафта мерасад...

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

«БЕШТАРИ ШИКОЯТИ МУЊОЉИРИН АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОНСУЛГАРИЊОСТ»

БА ОБИ ТАВБА КУН ЉУРМУ ГУНАЊ ПОК...

Ваќте агар ба саволњои муњољире, ки ба мо мурољиат мекунад, љавоб дода натавонем, шумораи телефони ўро сабт намуда, ба Хадамоти муњољират ва ё сафорат мурољиат карда, љўёи љавоби суоли онњо мешавем. Ва ё умуман, раќамњои телефони сафорату намояндагии Хадамоти муњољиратро ба онњо медињем, то худ бевосита дар тамос шаванд... сањ.4

сањ.3

ДАРДИ МОВУ ДАРДИ БАШАР

Худованди бузург барои бандагон ба он дараљае ѓамхор аст, ки инсон солњо Худоро нофармонї мекунад, вале дар аввалин соате, ки рўй ба даргоњи Худо меорад, Худованд тавбаи ўро мепазирад...

сањ.11

«ТО ЧИЗЕРО НАБИНАМ, БА НАВИШТАНИ ОН ДАСТ НАМЕЗАНАМ»

Ба назар мерсад дар сиёсати зидди мухаддиротии олам тадриљан як консепсияи санљидашудаи мубориза бо маводи мухаддир дар минтаќаи Осиёи Марказї шакл мегирад. Дар замоне, ки иддае аз тањлилгарон аз шикасти нерўњои љањонї дар мубориза бо маводи мухаддир њарф мезананд, СММ ба ин бовар аст, ки барномањои талош барои коњиши зарар ва талабот ба мухаддирот њамоно комёбтар аз ќабланд...

сањ. 6

Дар њикояњои баъдина ба њар сурат нишонањои давраи истиќлол бештар мушоњида мешавад. Аммо дар аксар њикояњои мо задухўрду конфликтњои љолиб дида намешавад. Имрўз бубинед, ки садњо рўзномањое њастанд, ки ќиссањои мољарои оилавї ва ќиссањое аз рўзгори мардум чоп мекунанд. Дар ин навиштањо конфликту задухўрдњое њастанд, ки мураккабтар аз конфликтњои њикояњои мо њастанд ...

БАРЗУ БО "МУЊОЉИРОН"-АШ БА САЊНА БАРГАШТ Намоишномаи адиби лањистонї Славомир Мрожек "Муњољирон" бори дигар дар Осиёи Марказї рўи сањна омад. Ва бори дуюм аст, ки он аз љониби њунарманди маъруфи тољик Барзу Абдураззоќов тањия мегардад. Агарчї, тањияи аввали он дар Тољикистон иттифоќ уфтодаву баъди чор ё панљ маротиба намоиш дода шуданаш ноком шуд, вале дар Ќирѓизистон њафтаи гузашта вазорати фарњанги он "Моњољирон"-ро пазируфт.

сањ. 7

"БА ЊАЉВ ЧУН ВАРЗИШ ДИЌЌАТ НАМЕДИЊАНД"

сањ. 8

сањ.2

сањ.9

ЌИССАЊО АЗ РЎЗГОРИ ЊАБИБУЛЛОЊХОНИ РЕЗААХБОРИ ОЛАМ ЭШОНИ СУЛТОН... ruzgor@hotmail.com КАЛАКОНЇ info@ruzgor.tj ВА КИШВАР... www.ruzgor.tj сањ.12

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР

сањ.15

сањ. 5

То он дам, ки ба њаљв, ба санъат чун варзиш диќќат намедињанд, пеш намеравад. Ман розї њастам, ки варзишгарони мо дар бисёр давлатњо парчами Тољикистонро мебардоранд, лекин дар Русия бисёр мушкилотро ба воситаи њаљв њал мекунанд. Масалан, "Comedy Club"-ро бинед, як шабакаи телевизиониро аз худ карда гирифтанд...


2

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

“Марги бегуноњ” муаррифї шуд

Н

АХУСТНАМОИШИ филми њунарии “Марги бегуноњ”, ки аз рўи асари њамноми нависандаи шинохтаи тољик, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакї Кароматулло Мирзоев наворбардорї шудааст, 26-уми август дар кохи киноконсертии ба номи Љомии пойтахт баргузор гардид.

Талошњои Тољикистон барои шомил кардани ќадимитарин ёдгорињояш ба ЮНЕСКО

Т

ОЉИКИСТОН хостори ворид кардани ёдгорињои таърихии худ ба рўйхати мероси љањонии ЮНЕСКО шуд. Дар ин бора Эмомалї Рањмон, президенти Љумњурии Тољикистон дар дидораш бо Ирина Бокова-мудири кулли ЮНЕСКО, ки љињати ширкат дар конфронси байналмиллалии њамкорињо дар соњаи об ба шањри Душанбе ташриф оварда буд, изњори назар намуд.

21 август хонум Бокова дар маросими ифтитоњи Гўшаи ЮНЕСКО дар Китобхонаи Миллии кишвар њузур ёфт ва инро як иќдоми наљиб дар талошњои Тољикистон барои рушди фарњанги миллї ва иртибот бо фарњанги љањон арзёбї кард. Шањло Абдурањимова, як тан аз кормандони масъули Вазорати корњои хориљии кишвар, ки дар бахши иртиботи Тољикистон бо ЮНЕСКО фаъолият мекунад ва њоло дар садади тањияи як китобчае аз њосили ин њамкорињо низ мебошад, дар сўњбат бо "Рўзгор" гуфт, ки тайи чанд соли охир чандин ёдгорињои таърихии миллат ба фењристи мероси фарњанги љањонї дохил карда шуданд. Аз љумла, соли 2003 мусиќии классикии "Шашмаќом", соли 2009 љашнвораи Нарўзи Аљам, моњи августи соли 2010 шањри ќадимии Саразми Панљакент ва ду моњ ќабл Парки миллии Тољикистон њамчун ёдгории нодири таърихї ба рўйхати мероси фарњанги љањонї ворид карда шуданд. Аммо ин њамоно як рўйхати номукаммали ёдгорињои таърихист, ки Тољикистон мехоњад шомили фењристи мероси фарњанги байналмилалї бошад. Бино ба гуфтаи манбаъ њоло маќомоти зирабти кишвар талош доранд маќбараи Амир Њамза, "Тахти Сангин", "Бойтўдашт", "Хоља Машњад", Аљинатеппа, Њулбук, маќбараи Муњаммади Башоро, ќалъаи Ќањќања, Бешаи Палангон, мамнўъгоњи Дашти Љам, силсилакўњњои Фон ва Зоркўл чун ёдгории таърихи башар эътироф шаванд.

“Марги бегуноњ” аз фољеањои аввали солњои 90 асри гузашта њикоят мекунад ва муаллиф кўшидааст иллатњои ба љанги њамватанї печидани талошњои солњои аввали истиќлолро ба риштаи тасвир кашад. Коргардонњои “Марги бегуноњ” Юнус Юсупов ва Асланшо Рањматуллоев буда, њунармандони машњуре чун худи Асланшо, Исо Абдурашидов, Соро Сабзалиева, Тољиниссо Саидова, Љумъахон Сирољов, Абдукарим Машрабов, Мариана Баракбоева ва дигарон дар он наќш офаридаанд. Дар манзарањои умумї канори њунармандони варзида сокинони мањаллї низ ширкат кардаанд.

"Чањор наво"

Ч

УНИН ном дорад китобчаи дигар, ки дар шакли албоми таронањои кўдакї интишор ёфтааст. Дар он шеърњои "Бибиљонам меояд"и Гулчењра Сулаймонї, "Гањвораљунбон"-и Латофат Кенљаева, "Дар дараи Гулдара"-и Наимљон Баќозода ва "Санљоб"-и Ѓаффор Мирзо, ки њамагї аз љониби Лола Толис ба оњанг дароварда шудаанд, љо гирифтаанд.

Чопи китоби кўдак дар “Истиќбол”

Н Китобча њам матни шеър ва њам нотаи таронаро дар худ љо додааст, ки њар сарояндаи хурдсоле, ки дарси суруд мехонад ва аз сирри нотаву оњанг хабар дорад, метавонад онро озод бисарояд. Дар таљрибаи интишори китоби кўдак дар Тољикистон "Истиќбол" аз шевањои нави чопи китобчањо кор мегирад. "Чањор наво" таљрибаи нахустини гирдоварии таронањо барои тифлакон аст, ки сутуданист. Китобчаро рассом Олим Камолзода ороиш додааст ва он ба теъдоди 2 њазор нусха аз чоп баромадааст.

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

АШРИЁТИ “Истиќбол” ахиран як силсила китобчањоро барои бачањои синни томактабї ва синни хурди мактабї аз чоп баровард. “Филча” ва “Се бузичаи гурусна” аз силсилаи “Китобчаи нахустини ман” бо ороиши Комрон Рањмонзод ва Давид Гиффорд батеъдоди 5 њазор нусха рўи чоп омадаанд.

“Филча”-ро Сабрин аз китоби “Филча Рупа”-и Майк Пател бозгў кардааст. Китобчањо афсонањои басо љолибу завќоваранд, ки хонандаи хурдсолро ба накукорї, њаќталошї ва зиракї њидоят мекунанд. Чунончї, дар “Филча” омада, ки ранги хокистарї ба филбача хуш намеояд ва бо мадади дигарон худро рангубор медињад. Ва чун хушњол назди дўстонаш меояд, ўро намешиносанд. Аз ин ѓамгин мешавад ва рафта дар об худро шустушў мекунад ва бо ранги табии худ ба назди дўстонаш бармегардад, ки њама ўро мешиносанд ва хушњол мешаванд. Дар “Се бузичаи гурусна” бошад, бародарбузурги бузичањо бо деви зери пул ба љанг медарояд ва бо шуљоат ўро ба дарё сарнагун месозад. Бо ин васила худ ва додараконашро аз хавфи гуруснагї наљот мебахшад.

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае, ки гузашт Александр Сичёв, намояндаи минтаќавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва љинояткорї эълон кард, ки СММ то соли 2016 низ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистонро маблаѓгузорї мекунад. Дар ин бора Мањмаднаим Маризоев, љонишини Сардори Ситоди Агентї дар сўњбат бо "Рўзгор" иттилоъ дод. (муфассал ба сањ.5 нигаред) *** 25-уми августи соли равон доктори илми тибб, Ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмњои Тољикистон Њамид Мансуров баъди бемории бештар аз думоња аз олам даргузашт. Њамид Мансуров аз љумлаи пуркортарин ва шинохтатарин олимони кишвар ва бунёдгузори аввалин Пажуњишгоњи гастроэнтерологии Тољикистон ба шумор меравад. Узви фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтерологии Маљористон, аъзо-корреспонденти Ассотсиатсияи интернистњои Лањистон, узви фахрии љамъияти илмии тиббии гастроэнтерологии Булѓористон буд. Зањамоташ дар рушди илми тибб бо орденњои Ленин (соли 1961), Револютсия Октябр (соли 1986) ќадр шудааст. Дорандаи мукофоти давлатї ва љоизаи тиббии ба номи ибни Сино мебошад. Академик Њамид Масуров рўзи 26-уми август дар оромгоњи Лучоб ба хок супурда шуд. *** Ожонсии мубориза бо фасод љузъиёти дигари бо ришва боздошт шудани раиси суди ноњияи Нурободро бо пахши баёнияе фош кард. Маълум шудааст, ки Абдуњаким Алимов ќаблан судяи шањри Душанбе будааст, аз шањрванд Рањимова З.Њ. бо воситаи вакили мудофеаи ў Саъдуллоев Б. барои њалли бањси манзил њафт њазор доллари амрикої пора гирифтааст. Амалиёти боздошти ў муштарак бо прокуратураи генералї сурат гирифтааст ва њоло парвандаи љиноятии ў аз љониби прокуратура мавриди тафтиш ќарор гирифтааст. *** Гурўњи шўришии Толибони Покистон ба пешнињоди сарвазири ин кишвар Навоз Шариф дар мавриди оѓози музокарот посухи рад дод. Ин гурўњ гуфтааст, ки Навоз Шариф аз дари тањдид хостааст вориди гуфтушунид шавад ва Толибон аз њељ тањдиде сари тарс надорад. Нахуствазири Покистон аввали њафтаи гузашта гуфта буд, ки терроризм ба "њастии Покистон тањдид мекунад". *** Таиланд хостори роњандозии парвозњои бештар ба њама кишварњои Осиёи Марказї ба хотири ривољи тиљорат ва љањонгардї шудааст. Нахуствазири ин кишвар Йинглук Шинаватра, ки дар телевизиони NBT аз натиљањои сафараш ба Тољикистон ва бардоштњояш аз конфронси байналмилалии њамкорињо дар соњаи об сўњбат мекард, гуфтааст, ки кишвараш ба рушди њамкорињо бо мамолики ин минтаќа манфиатдор аст. *** Амрико нерўњои бањрии худро барои эњтимолияти њамла ба Сурия омода мекунад. Дар ин бора Чак Његел, вазири дифоъи ин кишвар расман хабар дод. Његел гуфт ин амр бо дархости президент Обама амалї мешавад. Барак Обама аз Пентагон хостаааст, ки барои њали масъалаи Сурия омода шавад. *** Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) шумораи тифлакони муњољири суриёиро бештар аз 1 миллион нафар эълон кард. Њамзамон бо ин њудудан 2 миллион кўдакони дигар дар марзњо омодаи фирор аз ин кишваранд. Аввали соли љорї ЮНИСЕФ барои эњтиёљоти атфол дар Сурия ва хориљ аз ќаламрави он аз љомеаи љањонї 470 миллион доллар талаб карда буд. Дар айни замон аз ин миќдор 280 миллион доллар љамъоварї шудааст. "Рўзгор"


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

Д

УРУД бар Шумо хонандагони иззатманд! Бо гузашти як њафтаи дигар аз чоп шумораи навбатии "Рўзгор" боз њам чун анъана зангњои телефонї ва номањои расидаро мурур кардем. Тањлилгари шинохтаи тољик ва сардабири њафтаномаи "Наљот" Њикматуллоњ Сайфуллозода зимни тамоси телефонї љузъиётеро аз сарнавишти бозмондагони эшони Султон баён кард. Вай гуфт, ки соли 1993, дар нахустин рўзњову моњњои њиљрат ба Афѓонистон дар шањри Толиќон бо кадоме аз фарзандон ва ё наберагони эшони Султон, ки аз љумлаи муњољирони солњои бисти асри гузашта буд, дидор доштанд. Вай гуфт, њатто он нафаре, ки худро аз бастагони эшон муаррифї мекард, ў ва дўсташ Умаралї, сокини ноњияи Панљро ба хонааш ба мењмонї њам даъват карда буд.

№13 (013) 28 августи соли 2013

Сўњроб" дар хотир дорам. Ва боз бо њамон сару либоси љанговарї, савори асп, шамшер дар миён...Ба назарам Сайрам он лањзањо шабоњате ба айёми Рустаму Сўњроб дошт. Мегуфтам ва њоло њам ба њамин назарам, ки зани форс чї он замон ва чї њоло басо зебост. Ва ин андеша дар сари ман њамеша аз симои гарми Сайрами "Рустам ва Сўњроб" мечархад. Мастурабонуи Халил, Хуљанд.

дар тўли умри кутањи худ борњо шоњид будаам, ки шахсоне, ки донандагони каломи Худоро масхараву мазаммат кардаанд ва ё хориву зиллатро дар њаќашон раво дидаанд, ба чї њоле аз олам рафтаанд. Ё куру шал шудаанд ва ё муддати тўлонї бистариву азият кашидаанд. Яъне, Худованд ќасоси поконро аз љабркунандагонашон дар њамин дунё мегирад, вале њисобашон дар охират дигар аст. Масъуди Абдуллоњ, Душанбе

ШАЊОДАТИ БАРДУРЎЃ БАР МАРГИ ЭШОНИ СУЛТОН ЊУШДОР БАРОИ ИМРЎЗИЁН АСТ

СОЗМОНИ ТОЉИКОНИ ЌИРЃИЗИСТОН РАСОЛАТИ БУЗУРГРО БАР ДУШ ГИРИФТААСТ

Аз наќли эшони Саидкабир дар мавриди хиёнати як Худобехабар пай бурдам, ки Худованд то кадом њад покону азизонро гиромї медорад. Шахсе, ки бо шањодати бардурўѓаш эшони Султон ва ба-

Аз сўњбати Ќодиршои Муруват фањмидам, ки Тољикистон њам дар ѓами њаммиллатони бурунмарзиаш будааст. Барои онњо китобњо тањия мекардааст, фарзандонашонро дар макотиби олияш љо медодааст, то бидуни мамониат ба

3

нафар аз он дур бошад. Аммо бори аввал мешунавам, ки таронаи эљодкардаи як бонуи тољикро овозхони машњури Эронї Мансур бо талаби зиёд аз худ кунад. Таронае, ки Шоира онро барои Гугуш навиштааст, эронии дигар соњибї кардааст. Мушкили Шоира он аст, ки иртибот бо худи хонум Гугуш надорад. Таронаи дигараш ба ўро Манижа гирифта ва таронаи сеюмашро њам эљод кардаву њоло кї медонад боз насиби кї мешавад. Асли маќсади ман он аст, ки хуш шудам аз он ки эљоди бонуи тољик ба дигарон маќбул аст ва њатто Мансур гуфтааст, ки дард занонаву мардона намешавад. Њаќ аст ў. Дард дард аст. Бахусус агар он дарди ишќ бошад, барои марду зан сўзанда аст. Танњо эњсос фарќ мекунад. Эњсоси занона амиќтар, эњсоси мардона на ба ин њад. Ситора Абдулло, Бохтар

МУЛЛО СИРОЉИДДИН ГЎЕМ Ё ЭШОНИ СИРОЉИДДИН? Љаноби Њикматуллоњ Сайфуллозода њарчанд кўшид исми он мардро натавонист ба хотир орад, вале гуфт, ки њатман ба Умаралї занг мезанад ва шояд ў мушаххасоташро ёд дошта бошад. Ба муљарради даќиќ шудани исми бозмондаи эшони Султон ба идораи "Рўзгор" хабар хоњад дод. Ташаккур ба Њикматуллоњ Сайфуллозода, ки "Рўзгор"-ро на танњо ин ки пайгирї кардаанд, балки аз пайи он њам шудаанд, ки љузъиётеро ба ин ќиссаи шўрангез илова созанд. Агар исми он нафар даќиќ шавад, пас метавон мутмаъин буд, ки эшон аз љумлаи фарзандони ё эшони Аловуддин ё Шорањматуллоњ мебошанд, ки дар замони худ фирор ба Афѓонистонро аз мондан дар ватан хубтар дониста буданд. Ва агар шумо, хонандагони азиз, ба бахши дигари сўњбат бо эшони Саидкабир, ки дар ин шумора чоп шудааст, мутаваљљењ гардед, дар ин бора маълумот пайдо хоњед кард. Ва боз: маълум мешавад устод Нурии марњум аз мављудияти онњо хабар надоштаанд ва касе њам њозир нашудааст ин паёмро барояшон расонад. Вагарна мушкили он марде, ки бо шањодати дурўѓинаш эшони Султон ва бародарашро Фузайли Махсум ба ќатл расонда буд, дар њамон Толиќон осон мешуд. Њафтаи гузашта мо тибќи дархости хонандагони худ сањифаи варзишро њам тањия ва чоп кардем, ки акнун доимї интишор хоњад ёфт. Аммо сар аз ин шумора сањифаи дигар хоњем дошт бо номи "Пурсишеву посухе" ва он њам тибќи хоњиши хонандагон тањия гардид. Њар суоле доред, метавонед ба шумораи телефонњои нишондодашуда ва пустаи электронї ирсол намоед. Ин њафта зангњои телефонии зиёди дигар њам доштем, ки аксаран ба масали ташаккурнома аз чопи ин ё он матлаб буданд, ки тавре њафтаи гузашта гуфтем, бо изњори миннатдорї аз хонандагони азиз, онњоро дар худ нигоњ медорем. Ва инак, зикри чанд номаи расида: ЧЇ КУТОЊ АСТ УМРИ САЛТАНАТИ ТОЉИК ДАР АФЃОНИСТОН

Мутоилаи маќолаи "Њабибуллоњхони Калаконї" маро ба ин андеша водор кард: чї кутоњ аст умри њокимияти тољик дар Афѓонистон. Аз аввалин сарвари тољиктабори он Њабибуллоњхони Калаконї то охирини он устод Бурњо-

ЊОЛИ ЗОРИ МУЊОЉИР Њатто дар як маќолае њам ки кўшиш шудааст аз зањмату ранљи муњољирин ёд шавад, пай бурдан мумкин аст, ки њамватанони мо бо вуљуди он ки маќомоти рус аз мењнаташон розиву ќаноатманданд, мисли инсон наметавонанд зиндагонї кунанд. Онњое, ки ба тозагии муњити зисти русњо машѓуланд, худ дар тањхонањо ба сар мебаранд, ки махсусан дар зимистони сарди рус азиятбор ва хавфагез аст. Аз маќола бўи умед меояд, ки билохира роњбарияти нав ба њоли њаммиллатони мо таваљљўњ кардааст, вале то расидан ба он њадде, ки муњољири тољик соњиби иззату икром бошад, хеле замон бояд тай шавад. Давлат, муњољири собиќ ЭШОНИ СИРОЉИДДИН Ё МУЛЛО СИРОЉИДДИН?

Сирољиддин Абдурањмонов ниддини Раббонї як сарнавишти пуртазоди фољеаборро аз сар гузаронидаанд. Тољикон дар охири садаи бист бори дигар соњиби ќудрати сиёсиву низомї дар Афѓонистон шуданд. Ин бор мебоист њокимияти онњо ба дарозо мекашид ва мепоид. Вале боз њам фитнањои хориљиву дохилї дасти онњоро кутоњ кард. Ањмадшоњи Масуъдро бо дасти араби бехабар аз диёнат куштанд ва устод Раббонї низ аз њамин гуна тавтеа ба шањодат расид. Вале Афѓонистон њамоно ноором аст. Ба назар мерасад боз дањсолањо он дар ин гуна ањвол хоњад монд, чун дар маркази фитнаи ќудратњои љањонї ќарор дорад. Он замоне пок ва орому мутараќќї мешавад, ки агар миллатњои Афѓонистон ба умќи ин фитнањо бирасанд ва худро дар баробари таљовузгарон чун мушти воњид њифозат карда тавонанд. Мансури Ањлиддин, унвонљў. ГУРДОФАРИДИ Ў БОЛОТАР АЗ ЊАМА НАЌШЊОЯШ ДАР СИНАМОСТ

Гумон намекунам, ки Сайрам Исоева наќши хотирмонтар аз Гурдофарид дар синамои тољик бозида бошад ва агар бозидааст ман ё онро надидаам ва ё болотар аз Гурдофарид набудааст. Ман симои гарми ўро њамоно аз филми машњури "Рустам ва

родари арљмандаш ноњаќ кушта шудаанд, умри басо тўлонї, вале пур аз изтиробу нигаронї ва саршор аз мушкилотро пушти сар гузоштааст. Бубинед ў дар сўњбат бо устод Нурї чї мегўяд: "Ман дар марги эшони Султон худро гунањгор мењисобам. Ман аз тарси кушта шудан бо талаби Махсуми Фузайл шоњидии бардурўѓ додам ва эшони Султон дар асоси шоњидии ман ва боз чанд нафари дигар бо њамроњии бародараш ба дор овехта шуд. Ман умри дароз дидаму аммо ягон рўз осуда нестам. Њар рўз, њар шаб ба ёдам эшони Султон ва бародараш мерасанд. Махсусан, њамон лањзањои ба дор кашида шуданашон. Гумон мекунам, ки банде гулуямро фишор медињад ва њамин лањзањо нафасам тангї мекунаду љонам мебарояд. Вале њайњот, аљал њам гўё маро азоб медињад, љонамро ба осонї намегирад. Мисли гурбае, ки бо муши ба чангаш афтида бозї мекунад, марг бо љони ман чунин бозї дорад. Хаёлам, ки то маро касе аз бозмондагони эшони Султон набахшанд, њамин љон њам аз баданам ба осонї намебарояд". Ин њушдор аст. Њушдор ба њамаи онњое, ки уламо ва эшонзодагону саййидзодагонро њадафи маломат ќарор медињанд, пайваста онњоро дар њолати хориву зиллат мехоњанд нигоњ доранд. Банда

ruzgor@hotmail.com

тањсил фаро гирифта шаванд ва маълумоти олї дарёфт кунанд. Вале расолати онњо хеле бузург аст. Дуруст таъкид шудааст, ки њадаф пок нигоњ доштани забони модарии онњост. То дар миёни турктаборон тадриљан нобуду нопадид нашаванд. Ва њамин созмони тољикони Ќирѓизистон њам ин гуна расолат дорад. Аммо кош мо метавонистем ин гуна иртибот бо Узбакистон медоштем, то њаммиллатони худро дар ин кишвари њамсоя аз хавфи нобудї наљот мебахшидем. Мутаассифона, наметавонем. Бо равобите, ки имрўз Душанбеву Тошканд доранд, пуштибонї аз тољикони Самарќанду Бухоро ва водии Фарѓона амалан номумкин аст. Вале дунё ба умед. Расад рўзе, ки ин кор њам бо хости Худованд сањлу осон гардад. Нигина, Ќурѓонтеппа ДАРДИ ИШЌ БАРОИ МАРДУ ЗАН СЎЗАНДА АСТ Шоираи Рањимљон мегўяд аз миёни њама узви хонадон танњо ўст, ки таронаву шеър менависад ва дигарон ба шунидану хондани ояњои Ќуръон рабт доранд. Гумон намекунам, ки Шоира Ќуръон нахонад, њарчанд дар ин бора мухбир ё напурсидааст ва ё ў нагуфтааст. Дар хонадоне, ки њама Ќуръонхонанд, наметавонад як

info@ruzgor.tj

Мактуби ман аслан як савол аст. Шояд гўед, ки ба њафтаномаи шумо дахл надорад ва дар њаќиќат чунин њам њаст. Чун дар ин бора ман на танњо дар шумо, балки умуман дар ягон газета чизе нахондаам. Гап сари он ки баъди ба озодї баромадан домулло Сирољиддин дар сањифаи нашрияњо хеле фаъол шуд. Гоњ мусоњибаи он касро мехонем ва гоњи дигар маќолаашонро. Пештар мо он касро чун мулло Сирољиддин мешинохтем, вале њоло њамаи нашрияњо эшони Сирољиддин менависанд. Ва чун худи он кас њам, ки ислоњ намекунанд, пас маълум мешавад эшон номиданро хуш доранд. Ва суоле, ки дар сари ман чархид ин аст: чаро њам мулло гўем ва њам эшон? Кадомаш дуруст? Ва баъд: эшонњо шаљараномаи худро доранд ва исбот њам мекунанд, ки гузаштагонашон ба кадоме аз сайиидони бузург рафта мерасад. Мехостем инро донем. Оё эшони Сирољиддин чунин шаљаранома доранд? Ва агар ња, пас чї гуна эшонзода будани худро исбот мекунанд? Мирљалол Њусейнзода, шањри Душанбе "Рўзгор": Ин суол марбути худи Сирољиддин Абдурањмонов аст ва мо аз посухи он ољизем. Аммо кори дигаре метавонем анљом дињем. Номаи шуморо бо њамин шумораи нашрия ба эшон мефирисем. Умед дорем дар наздиктарин фурсат посухашонро айнан дар ин сањифа хоњед хонд.

www.ruzgor.tj


4

№13 (013) 28 августи соли 2013

Рўзгори муњољир

www.ruzgor.tj

та, ба фоидаи мост, зеро њадафи мо панњ кардани газета ва дастрасии муњољирон бо рўзнома аст. Бинобар ин барои мо фарќ надоранд, ки касе ройгон газетаи моро гирифта, баъдан мефурўшад ё ќисман маблаѓро пардохт менамояд. Аз тарафи дигар ба суоли Шумо ба тавре мушаххас љавоб гуфта наметавонам, зеро намехоњам байни онњое, ки ба фурўши рўзнома машѓуланд, раќобат ба вуљуд биёрам. -«Тољикони Россия» ягона рўзномаи тољикист, ки мустаќиман дар Русия чоп мешавад. Баъзан дар роњи таъсиси ВАОи хусусї монеагузорї мешавад, хоса аз љониби маќомот... -Маќсади Шуморо фањмидам. Дар ин росто љавоб чунин аст, ки то њол ягон фишорро эњсос накардем. Хотиррасон менамоям, то замоне ки идораи медиахолдинг ба уњдаи њайат вогузор шуд, Муњаммади Эгамзод, муассис бо маќомоти расмии Тољикистон дар Русия њамкории зич дошт. Њамзамон мо низ намехоњем, ки ин раванди њамкорињоро барњам занем.

чї гуна тавзењ медињед? -Албатта, муњољирин ба мо мурољиат карда, мехоњанд ба баъзе суолоти худ љавоб гиранд, њатто љињати дарёфти љойи кор њам ба мо мурољеъ мешаванд. Мо низ ба њадди имкон ба суолњои эшон љавоб медињем. Ваќте агар ба саволњои муњољире, ки ба мо мурољиат мекунад, љавоб дода натавонем, шумораи телефони ўро сабт намуда, ба Хадамоти муњољират ва ё сафорат мурољиат карда, љўёи љавоби суоли онњо мешавем. Ва ё умуман, раќамњои телефони сафорату намояндагии Хадамоти муњољиратро ба онњо медињем, то худ бевосита дар тамос шаванд. Шуруъ аз шумораи охирон рубрикаи наве зери унвони «Аз мо пурсед!» ташкил кардем. Ин рубрика бо тавофуќи мо ва нињодњои давлатии Тољикистон бар мањзи зангњои телефонии муњољирин рўйи кор омад, то ба ин васила ба суолоти муњољирин љавоб гуфта, ба њалли мушкилоти эшон мусоидат намоем. -Дар њоле Шумо аз њамкории

«Бештари шикояти муњољирин аз фаъолияти консулгарињост» Ѓ УФРОН ВАЊЊОБОВ, яке журналистони мувафаќќест, ки хонандагони рўзномањои русзабони Тољикистон њама бо номи ў шиносанд. Ин рўзноманигори тољик, ки феълан дар Русия аст, вазифаи директории кулли медиахолдинги «TajInfo»-ро дар Русия ба уњда дошта, њамвора талош менамояд, ки дар баланд бардоштани фарњанги њуќуќї, иљтимої ва њалли соири масоили марбут ба муњољират сањм гузорад. Тавре хонандаи гиромї хабар дорад, чанде пеш сафаре доштем ба Федератсияи Русия ва дар доираи ин сафар тасмим гирифтем, то суњбате дошта бошем бо ин њамкасби худ, ки инак онро пешкаши Шумо мекунем.

Мусоњиб Талабшоњи Салом, «Рўзгор» -Ѓуфрон Вањњобови азиз! Сараввал мехоњам љињати фаъолияти медиахолдинги Шумо хонанда каме маъулмот дошта бошад… -Алъон медиахолдинги «TajInfo» нашри љаридаи «Тољикони Россия»-ро дар як моњ ду маротиба ва маљаллаи «Таджикистан»ро дар Маскав роњандозї намудааст. Њамзамон дорои сомонаи «TajInfo» низ њастем, ки бинобар пурра омода набудани баъзе масоили техникї то њол фаъол нашудааст. Бо вуљуди ин њама дар ноњияи Исфараи Тољикистон низ њафтаномаеро бо номи «Имрўз» ба нашр мерасонем. -Лутфан мегуфтед, ки медиахолдинги «TajInfo», дар маљмуъ, чанд нафар корманд дорад ва инчунин теъдоди кормандон дар марказ чанд нафаранд? -Дар марказ панљ нафар кор мекунем, аммо аз сабаби вуљуди баъзе мушкилот дар Маскав бо иддае аз рўзноманигорон дар нимароњ мондаем. Яъне, бештари муаллифон аз мо маош намегиранд, вале ба ивази њаќќи ќалам бо мо њамкорї доранд. -Чун Шумо аз мушкилот гуфтаед, метавонем сари ин масъала мушаххастар бањс намоем? Кадом мушкилотанд, ки намегузоранд, то њама кормандони медиахолдинг сарљамъ бошанд?

www.ruzgor.tj

- Манзури ман он љо бештар мушкилоти иќтисодї буд. Бояд гуфт, њанўз шуруъ аз рўзи аввали кори рўзнома то имрўз – то ба вуљуд омадани медиахолдинги тољикї на аз фондњои байналмилалї ва на аз љониби њукуматњои Тољикистону Русия кўмаке нагирифтаем. Яъне, аз аввал то охир фаъолияти мо ба таври худмаблаѓгузорї ба роњ монда шуд. Ќаблан корро аз њисоби маблаѓњои асосгузори медиахолдинг Муњаммади Эгамзод оѓоз намудем. Вале шуруъ аз моњи март кулли маблаѓгузорї аз њисоби њайати кормандони медиахолдинг аст. Бинобар ин албатта, мушкилоти иќтисодї зиёд мешаванд. -Бубинед, алъон дар Тољикистон масъалаи фурўши рўзномањо яке аз мушкилоти калидист. Дар ин росто њадс зада мешавад, ки љаридањои Тољикистон хонандаи кам доранд. Дар њоле ки рўзномањои хусусї, бино ба иттилоъи муассисини онњо, аз њамин њисоб дар гардиш њастанд. Дар ин росто, масъалаи ба фурўш рафтан ва хонанда доштани љаридаи «Тољикони Россия»-ро чї мегўед? -Системаи фурўшу таќсим намудани газетањо дар Русия, хусусан дар Маскав бисёр хуб роњандозї шудааст. Вале мо шомили ин система шуда наметавонем. Чаро? Аввалан, бинобар сабабњои иќтисодї. Мо наметавонем њаќќи хидмати ширкатеро, ки ба фурўш машѓул аст, пардохт намоем. Илова бар ин рўзномаи мо ќисман ройгон таќсим шуда ва

e mail: info@ruzgor.tj

инчунин ќисме аз он фурўхта мешавад. Дар њудуди бўстонсарои Хонаи мењмонони Љумњурии Тољикистон дар Русия, дар консулгарї, дар сафорат љаридаи мо ройгон таќсим карда мешавад. Њамзамон дар он љое, ки тољикон сарљамъона ба сар мебаранд, мо газетаро дар он љойњо пањн менамоем. -Аз 23 000 адад рўзнома метавонед гўед, ки тахминан чї миќдори он ба фурўш меравад? -Дар ростои ин масъала барои мо аљиб он хабар буд, ки гуфтанд, дар љойњое, ки мо љаридаро ройгон таќсим мекунем, баъзењо бурда онро мефурўшанд. Ин, албат-

ruzgor@mail.ru

Баръакс њаракат менамоем, ки бо сафорати Љумњурии Тољикистон, консулгарї ва намояндагии Хадамоти муњољирати Тољикистон њамкорї дошта бошем. Дигаре аз њадафи мо, ки хонданбоб намудани нашрия аст, ба ин хотир кўшиш менамоем, ки тавозунро нигоњ дорем. Ва дигар ин ки мехоњем ба бозори иттилоотї молеро пешкаш намоем, ки харидор дошта бошад. Аз ин рў, чун дар рўзњои аввал ба ин шева фаъолият шуруъ намудем, баъзењо аз тарзи фаъолияти мо изњори нигаронї намуда, даст-

худ бо сафорат ќайд кардед, ки бештари муњољирини бо ман њамсуњбатшуда аз таваљљуњи сафорат ба онњо на ќаноатманданд, балки шиква менамоянд. Оё буданд афроде, ки назди Шумо шикоят аз фаъолияти сафорати Љумњурии Тољикистон дар Русия оварда бошанд? - Бале. Вале бояд гуфт, бештари шикоят сари фаъолияти консулгарї њастанд. Муњољирин шикоят мекарданд, ки он љо навбат зиёд аст ва «Вараќаи бозгашт ба Ватан» гирифта наметавонанд. Агар мунсифона ба ин масъа-

расї ба иттилооти моро каме мушкилтар намуданд. Аммо шукри Худо, ки кунун њама моро мефањманд. Њамзамон вобаста ба ин масъала бояд афзоям, ки мо ягон хати сиёсї надорем, њадафи мо объективї, бетарафона инъикос кардани масоил аст. -Албатта, имрўз муњољирати мењнатї яке аз мушкилоти умдаи миллат аст ва журналистикаи тољик дар кишвар низ нисбат ба ин масъала бетафовут нест. Чун Шумо, ки бо муњољирин дар як кишвар ќарор доред, муносибататон бо муњољирин ва њамкориву бархўрди онњоро бо масъулини «TajInfo»

ла нигарем, аз он ки њамватанони мо дар гармиву сардї назди бинои консулгарї ба муњлати зиёд навбат мепоянд, онњоро водор менамояд, ки танќид кунанд. Мушкили дигар васеъ набудани сањни консулгарї, зиёд набудани штати кормандони консулгариву сафорати мост. Ин сабаби азияти муњољирини мо мешавад. Тасаввур намоед, ки њадди аќали муњољирини тољикро дар Русия 1 миллиону 200 њазор мегўянд. Бинобар ин бештар муњољирин сари гирифтани «Вараќаи бозгашт ба Ватан» ва ё дастрас кардани дигар гуна маълумотномањо шикоят менамоянд.


www.ruzgor.tj

Дарди рўзгор

№13 (013) 28 августи соли 2013

5

ДАРДИ МОВУ ДАРДИ БАШАР Б

А назар мерсад дар сиёсати зидди мухаддиротии олам тадриљан як консепсияи санљидашудаи мубориза бо маводи мухаддир дар минтаќаи Осиёи Марказї шакл мегирад. Дар замоне, ки иддае аз тањлилгарон аз шикасти нерўњои љањонї дар мубориза бо маводи мухаддир њарф мезананд, СММ ба ин бовар аст, ки барномањои талош барои коњиши зарар ва талабот ба мухаддирот њамоно комёбтар аз ќабланд. Мушкилоти ин кор на ба он маъност, ки барномањо ноком шудаанд, балки аз онанд, ки шевањои мубориза бо мухаддирот такмил мехоњанд.

оламро таќозо мекунад. Дар сатњи љањонї ин ягона масъалаест, ки кишварњо иттифоќи назар доранд ва ягон давлати дунё то кунун изњор надошта, ки шарики мубориза бо мухаддирот нахоњад шуд. Пас ин дард тавре боястї дарк шудааст. Ин аст, ки Агентии назорати маводи нашъаовари Тољикистон бори расолати башарї ба ўњда дорад. Зеро тарроњони таъсиси он аз оѓоз ќасд доштанд аз вуруди мухаддироти тавлиди Афѓонистон ба Русия ва аз он тариќ ба дигар мамолик љилавгирї кунанд. Зеро нек дарёфта буданд, ки ташкили мубориза дар саргањи интиќоли он ба маротиб осонтар ва кам-

Бобољони Шафеъ, «Рўзгор» Александр Сичёв, намояндаи минтаќавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва љинояткорї эълон кард, ки СММ то соли 2016 низ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистонро маблаѓгузорї мекунад. Мавсуф зимни як сафари корї ба Душанбе бо Директори Агентї, генераллейтенанти милитсия Рустам Назаров масъалањои њамкории дуљониба дар самти мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандї ва њамчунин рафти татбиќи лоињаи Раёсати мазкури СММ "Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ЉТмарњилаи III", ки ќарор аст охири соли 2013 ба итмом расад, мавриди сўњбат ќарор дод. Тасмими идомаи маблаѓгузорї ба маънои ќаноатмандии ин нињоди байналмилалї аз љараёни мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир дар Тољикистон аст. Дар ин миён Агентї пули иртиботии ин мубориза на танњо дар њавзаи кишварњои ИДМ, балки мамолики маблаѓгузори лоињањои татбиќшавандаи зиддимухаддиротии байналмилалї мањсуб мешуд. Зеро зарфи ин бештар аз 14 соли фаъолият наќши њамоњангсози мубориза бо мухаддирот дар саргањи интиќоли маводи мухаддири тавлиди Афѓонистонро бозид. Љомеаи байналмилалї низ бо њамин њадаф ба бунёди ин нињоди вижаи зиддимухаддиротї дар Тољикистон даст зада буд. Тўли ин бештар аз 14 сол борњо фаъолияти он мавриди тафтишу тањќиќи коршиносони байналмилалї ќарор гирифтаву натиљањои ба дастоварда ва шеваи роњандозии мубориза бо мухаддирот мавриди ќабул ќарор гирифтааст ва њамзамон тасмим бар ин шуда, ки боз њам барои мўњлати дигар ин нињод маблаѓгузорї ва кўмак карда шавад. ПИРЎЗУ МАЃЛУБ ДАР МУБОРИЗАИ МУХАДДИРОТЇ

Юрий Федотов, Љонишини Дабири кулли СММ ва Директори иљроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва љинояткорї соли гузашта дар љараёни боздидаш аз Агентии назорати маводи нашъаовар гуфта буд, ки мо дар мубориза бо мухаддирот пирўз наомадем, аммо маѓлуб њам нашудем. Генерал Рустам Назаров, ки аз оѓоз то ба имрўз бори масъулияти ин роњбариро мекашад, дар посух ба саволи нигоранда, ки оё метавон мутмаъин буд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ рўзе ба поён мерасад, посух дода буд: "Албатта, ин орзуи њар кадоми мост, ки Тољикистони азизро бе маводи нашъаовар бинем. Мухаддирот аллакай садњо хонадонро доѓдор кард, њазорњо танро ба доми худ кашид, њазорњо тифлро аз падару аз модар мањрум намуд. Мехоњем ин Ватану ин миллатро аз хатари нобудї наљот дињем. Вале касе итминон дода наметавонад, ки мубориза бо маводи нашъаовар рўзе ба поён мерасад. Хадамоти махсуси олам ќудрати онро до-

ранд, ки бо нерўи муташаккил ба муќобили гурўњњои љиної муќовимат кунанд, дањњо њазор тан аз онњоро боздошт ва ба мањбас андозанд. Аммо кор бо ин ба анљом намерасад. Бо садњо њазор истеъмолкунанда ва мубтало ба нашъамандї чї бояд кард? Кї кафолат дода метавонад, ки теъдоди онњо намеафзояд? Аз ин рў кори мубориза бо нашъамандї кори дањсолањост ва дар он бояд њамаи нерўњои солими љомеа ширкат намоянд. Барномањои давлатии пешгирї аз нашъамандї, ки роњандозї шудаанд, дар мењвари муборизаи њамоњанг ва дастаљамъї давр мехўранд". Юрий Федотов ва Рустам Назаров бар њамин як назаранд. Яъне, мубориза бо мухаддирот оѓоз доштаву анљоми номуайян. Зеро тавлид дар сатњи љањонї рў ба рушд аст ва то замоне, ки он истењсол мешавад, бояд интиќол дода шавад, бояд тиљорат кунанд, бояд истеъмол намоянд. Ва ин танњо дарди Афѓонистону Тољикистон нест, ин мушкили байналмилалист, ки иттињоду њамбастагии кулли давлатњои

масрафтар аз роњандозии мубориза дар кишварњои Аврупост. Дар мавриде Юрий Федотов зимни сўњбат бо маљаллаи "Индекс Безопасности" гуфта буд: "Осиёи Марказї наздик ба минтаќае љойгир шудааст, ки таќрибан њамаи афюни истеъмолии љањон дар он тавлид мегардад. Аз ин рў ин минтаќа чун сипари аввалин дар роњи густариши мухаддироти истењсоли Афѓонистон дониста мешавад. Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва љинояткорї дар доираи фаъолиятњои худ ба таъсиси Агентии миллии назорати маводи нашъаовар дар Тољикистон кўмак намуд, ки њоло пешгоми мубориза бо мухаддирот дар ин минтаќа шудааст. Таъсиси Агентии Тољикистон имкон дод, ки бо созмонњои дигар равобити њасана ва созанда ба роњ монда шавад ва бо кўмаки Раёсати СММ ва маблаѓгузорони дигар њоло нињоди њамсон дар Ќирѓизистон ташкил карда мешавад". Ин тозатарин бањо ва арзёбии фаъолияти Агентї аз љониби шахсияте, ки сар-

ruzgor@hotmail.com

парастии Раёсати басо муњимеро дар СММ ба ўњда дорад. МО ВА АФЃОНИСТОН: КИШТУ ТАВЛИДИ ОНЊО ВА МУБОРИЗАИ МО

Тољикистон бо Афѓонистон зиёда аз 1344 километр марзи муштарак дорад. Пайроњањои морпечи кўњї, дарёи пањновар, шароити кўњистон ва љангалњову бешазорони хурду бузург кори мубориза бо мухаддиротро ба мушкил рў ба рў месозад. Наметавон гуфт, ки дар имтидоди ин беш аз 1344 км њама гузаргоњњои аёну ноаёни марзї пўшиш дода мешаванд. Њарчанд Њукумати кишвар талош дорад бо маќсади таъмини тамомияти арзии худ маблаѓњои бештарро сарфи њифозати марзњо кунад. То замоне, ки Афѓонистон чун бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир боќї мемонад, мухаддирот минтаќаро тањдид мекунад. Љанги бештар аз сисола иќтисоди ин кишварро комилан аз байн бурдааст. Бекорї дар њадди олист, љомеаи љањонї њанўз њам ваъдаи худро дар мавриди кўмак ба кишти алтернативї иљро накардааст. Њарчанд коњиши майдони кишти кўкнор дар вилоятњои њаммарз бо Тољикистон ба мушоњида мерасад, вале ин маънои онро надорад, ки дар маљмўъ интиќоли мухаддирот коњиш меёбад. Рустам Назаров аз љараёни мубориза бо кишту тавлиди мухаддирот дар Афѓонистон изњори хушбинї мекунад ва мегўяд чун мо бо нињодњои зирабти он њамкорињои наздик дорем, талошњои онњоро дар ин самт мебинем ва ба он аљр мегузорем. Далели ин мусодираи дањњо тонна маводи нашъаовар ва афзудани теъдоди вилоятњое мебошад, ки дар онњо зироатњои нашъадор кишт карда намешаванд. Вале мушкил он аст, ки субот дар кишвар вуљуд надорад ва ин кори мубориза бо мухаддиротро њам душвор мекунад. Агентї дар кишвар ва хориљ аз он ягона нињодест, ки дар се вилояти њаммарзаш бо Афѓонистон дафтарњои намояндагии расмї дорад, ки афсарони иртиботиаш дар њамкорї бо нињодњои дахлдори Афѓонистон саргарми њам омўзиши вазъи мухаддиротиянд ва њам ба љамъоварии маълумот дар бораи шахсон ва гурўњњои алоќаманд ба муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъаодор дар ду тарафи руди Ому мебошанд. Сари чанд ваќт, бо истифода аз фурсати муносиб ва ошкор шудани ќасди интиќолу фурўши мухаддирот даст ба амалиётњои муштарак мезананд. Бино ба иттилои Шўъбаи равобит бо љомеаи Ситоди Агентї тўли муддате, ки афсарони алоќаи Агентї дар Афѓонистон њузур доранд, бо роњандозии 225 амалиёт бо нињодњои гуногуни ќудратии ин кишвар аз муомилоти ѓайриќонунї бештар аз 15 тонна маводи мухаддир мусодира намудаанд. 49 корхонаи хурди тавлиди мухаддиротро ошкор ва нобуд сохтаанд ва 293 нафар ба љурми даст доштан ба ќочоќи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Зарфи ним соли сипаришуда дар Љумњурии Тољикистон 537 чинояти алоќаманд бо муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъаовар сабт шудааст ва мусодираи мухаддирот ба 3743 килову 563 грам расидаву дар ќиёс ба њамин давраи соли гузашта 10,7% афзоиш доштааст. Агентї бошад дар ин ним сол аз ифшои 53 њодисаи муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъаовар 461 килову 786 грамм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки аз нимсолаи аввали соли гузашта 52,2% зиёд будааст. Њамчуноне дида мешавад, њатто овозањо ва сару садоњои баъзе расонањо дар хориљ аз кишвар дар мавриди заъфи маќомоти зидахли кишвар дар мубориза бо маводи мухаддир дар сояи арќоми расмии овардашуда дур аз мантиќ аст.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


6

№13 (013) 28 августи соли 2013

Адиб ва рўзгор

www.ruzgor.tj

Муњиддин Хољазод:

«ТО ЧИЗЕРО НАБИНАМ, БА НАВИШТАНИ ОН ДАСТ НАМЕЗАНАМ» Н АВИСАНДАИ халќии Тољикистон Муњиддин Хољазод соли 1938-ум таваллуд шуда, Донишгоњи давлатии Тољикистон (њозира ДМТ)-ро дар соли 1961-ум хатм кардааст. Солњои дароз чун мудири шуъбаи наср ва котиби масъули маљаллаи «Садои Шарќ» кор кардааст. Хољазод бештар ба тадќиќи масъалањои синфи коргар майл дошта, аз оѓози солњои шастуми асри гузашта то ба имрўз дар ин росто осори марѓуберо чун повести «Дилро ба дил рањест», романњои «Об-рўшної», «Нанг ва номус», «Ростиро завол нест», «Куњ бе варта нест», «Сангтўда» таълиф ва пешкаши хонандагон намудааст. Даврони Шўравї Муњиддин Хољазод аз зумраи маъруфтарин нависандањои тољик буд, аммо имрўз то љое аз назари хонанда пинњон монда. Барои огањї ёфтан аз он ки Муњиддин Хољазод имрўз чї менависаду чї ањвол дорад хабарнигори «Рўзгор» Бањман бо ў суњбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, имрўз саломативу ањволатон чї гуна аст ва дар ин чанд соли охир чї чизњои наве иншо намудед? - Ман аз таљрибаи худ медонам, ки моњи Рамазон њарчанд каму беш зањмат њам дошта бошад, лекин барои эљодкор як файзу хосиятњои хосса њам дорад. Дар ин моњ эљоди одам тамоман файзу шукуњи дигар мегирад. Аслан ман дар оѓоз чун њикоянавис машњур шуда бошам њам, дар ин байн ба романнависї руљуъ карда, хеле аз њикоя дур шуда будам. Лекин шукри Худо, ки дар 75-солагї, яъне имсол дар моњи шарифи Рамазон якбора се њикоя таълиф кардам. Албатта кас њайрон мешавад, аммо ба фикри ман дар Рамазон Худованд ба илњом њам барака медињад. Дигар ин ки њанўз аз солњои навадуми асри гузашта пайваста мушоњидањоямро аз рўзгору њаводиси он рўйи коѓаз мерехтам ва ќатра-ќатра як чизњои хурди минятурї эљод мешуд, лекин дар анљом ин андешањо он ќадар зиёд шуда рафт, ки ќариб сару њисобашро гум кардам. Шукр, ки дар ин њол касби драматургї ба ман мадад расонид ва ман ин андешањоро ба як тартиб, ба як маќому мартаба оварда, китоб кардам ва ин китоб бо номи "Дурри парешон ё худ лавњањо аз лањзањои зиндагї" дар нашриёти "Адиб" дар арафаи чоп буда, њаљми он њудуди чорсад сафња аст. Чї тавре гуфтам ибтидои ин андешањо аз солњои навдум оѓоз ёфта. Ман њудуди 50сол дар Душанбе зиндагї доштам ва майдоннишиниву нооромињоро њам ба чашми сар дидам. Аз ин гуна нооромињо албатта, беш аз њама шахси эљодкор азоби руњї мекашад. Дар "Дурри парешон" љое гуфтаам, ки: Њар дам ба ёди Зулљалол љону дилам гум мезанад, З-ин бум ба фарёд омада, худро ба он бум мезанад. Аммо саманди зиндагї дар

www.ruzgor.tj

лаб сулуки оњанї Нагзорадам боло равад, сум мезанад, сум мезанад, сум мезанад… -Шумо бањри љамъоварии мавод барои романи маъруфи "Об-рўшної" чанд муддат дар НБО Норак чун коргар фаъолият доштед. Ахиран романи дигари Шумо дар мавриди сохтмони неругоњи Сангтўда мунташир шуд. Барои омўхтани ќањрамонњои "Сангтўда" њам ба минтаќаи сохтмонї сафар доштед ё… -Барои навиштани романи "Об- рўшної" ман бо маслињати устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боќї Рањимзода ба Норак рафта, адиб буданамро маълум накардаву мавод љамъ оварда будам. Лекин дар замони эљоди "Об-рўшної" ман ният надоштам, ки романи сегона менависам. Аввал маќсадам навиштани повест ё худ ќисса буд, аммо вусъати сохтмон ва рўзгори сохтмончиён дараља ба дараља домани асарро васеъ кард. Њамин тавр романи "Об -рўшної" ба майдон омад. Баъди анљоми роман хаёл кардам, ки бо њамин ин мавзуъ тамом шуда, лекин баъди даргузашти чанд муддат сохтмони давраи аввали Роѓун сар шуд ва дидам, ки њамон ќањрамонњои "Об- рўшної" ба кори Роѓун гузаштанд ва сохтмони ин неругоњ ављ гирифт. Ва ман дар ин њол маљбур будам, ки фаъолияти ќањрамонњоямро дунболагирї кунам. Ва њамин тавр романи "Куњ бе варта нест" ба миён омад. Аммо шамолњои сиёсї аз тарафи мухолиф вазид ва шасти сохтмон то дараљае шикаст ва бубинед, ки имрўз, дар замони Истиќлолият сохтмони ин иншооти барои Тољикистон муњим аз нав рўйи даст гирифта шуд. Њамчунин, агарчї ба якборагї сохтмони Роѓунро ба анљом расонида натавонистем, дар пањлуяш ба иќтидори

e mail: info@ruzgor.tj

камтар њам бошад, неругоњњои " Сангтўда 1" ва "Сангтўда 2"- ро бунёд кардем. Ваќте, ки сохтмони "Сангтўда" сар шуд, ман ба онљо сафар кардам. Ман аз зумраи он адибоне њастам, ки њамеша такя ба воќеияти рўзгор доранд. Аз ин рў ман рафтам ба "Сангтўда", вале дигар мадори љавонї набуд, ки чун дар даврони навиштани "Об-рўшної" дар сохтмон бетонрез шуда кор кунам. Ба њар сурат маро хуш ќабул карданд ва ман навбат ба навбат ба чайлањои коргарон даромада, як њафта-ду њафта бо онњо зиндагї карда, аз суњбатњои онњо хўша-хўша барои романи "Сангтўда" мавод ѓун кардам. -Аммо дар "Об-рўшної" таќдири мардуми тањљоии Норак њам ба риштаи тасвир кашида шуда буд… -Албатта, танњо њаёти коргарони сохтмон барои навиштани як роман мавод дода наметавонад, бояд донї ки Сангтўда чист, мардумаш чї гуна ба сар мебаранд ва дар мавриди сохтмон чї андеша доранд. Ин пањлўи зиндагиро њам наомўхта дар мавриди "Сангтўда" асар навиштан имкон надорад. Мо бо мардуми тањљоии ин мањал њам суњбатњои тўлонї доштем, њаёти онњо њам дар романи "Сангтўда" ба таври лозима инъикос ёфтааст. -Устод, неругоњњои "Норак", "Роѓун" ва "Сангтўда" њамагї дар дарёи Вахш бунёд ёфтаанд. Шумо дар мавриди ин неругоњњо романи сегона навиштаед, яъне "Об- рўшної", "Куњ бе варта нест" ва "Сангтўда".

ruzgor@mail.ru

Аз як нигоњ бингарем, љуѓрофиёи мањдуд, як соња, як маќсад, ќањрамонњои шабењ… Оё як роман такрори як романи дигар нашуда? - Агар аз канор нигоњ кунед, такрор ёфтанаш њам мумкин, чун сохтмон ба сохтмон њаддалимкон монанд аст. Лекин ин чизро њам ба назар гирифтан даркор, ки њар сохтмон аз дигарї 10-20 сол фосила дорад. Агар дар Норак падарњо дар майдони сохтмон буданд, дар давраи аввали Роѓун писарњо ба арса баромаданд, дар

-Гумон мекунам ѓояи навиштани романи "Сангтўда" замоне ба сари Шумо зад, ки дигар давлати абарќудрати Шўравї набуд ва Иттињодияи адибон њам имкон надошт, ки барои сафару иќомати Шумо дар Сангтўда шароит фароњам оварад, пас чї гуна рафтед ба љамъ овардани маводи романи наватон? - Ман дар оѓоз хостам бо муњтарам Гул Шералї, Вазири энергетика ва саноат рўбарў шавам, суњбат кунам, каму беш мадад илтимос намоям, лекин якчанд бор рафтам, аммо дида натавонистам. Ва бисёрињо баъде, ки роман эљод шуд, гуфтанд, ки вай ба Сангтўда ќадам намондаасту чї хел дар ин бора роман навиштааст? Лекин бемуњобот ман як бор њам не, панљ ё шаш бор ба ин минтаќаи сохтмонї сафар доштам. -Бо мадади кї? -Дар маљлиси зиёиён Сарвари давлат мурољиат карданд, ки сохтмонњои азим ављ гирифт, лекин канї нависандањо, канї китоби нависандањо? Ин сухан ба ман бисёр таъсир кард, лекин дар аввал мунтазир шудам, ки љавонњо мераванду дар ин бобат асарњо менависанд, аммо нафаре аз адибони љавон нарафт. Баъд бо домодам њамсуњбат шудаму андешае ба сарам зад, ки њамин силсиларо худам тамом накунам каси дигар тамом намекунад ва тамом кардан њам намехоњад. Домоди ман мутахассиси энергетика ва дар Роѓун њам замоне кор карда буд. Дар даврае, ки ман ба Сантўда сафар кардам, ў дар сохтмони њамин неругоњ чун муњандис фаъолият дошт. Ба воситаи домодам ман ба ин сохтмон рањ ёфтам. Ин љо як асрори дигар њам њаст, ки то забони русиро хуб надонї, ба сохтмонњо рафта ворид шуда, аз кори онњо огоњї ёфта наметавонї. Зеро тољикон асосан чун ёрдамчї ё мусоидаткунанда кор мекунанд. Дар наќбњову агрегатњо асосан мута-

Ман дар оѓоз хостам бо муњтарам Гул Шералї, Вазири энергетика ва саноат рўбарў шавам, суњбат кунам, каму беш мадад илтимос намоям, лекин якчанд бор рафтам, аммо дида натавонистам. Ва бисёрињо баъде, ки роман эљод шуд, гуфтанд, ки вай ба Сангтўда ќадам намондаасту чї хел дар ин бора роман навиштааст? Лекин бемуњобот ман як бор њам не, панљ ё шаш бор ба ин минтаќаи сохтмонї сафар доштам. Сангтўда бошад, наберањо. Боз аљиб, ки наберањои њамон Муњаббат Шарипову дигар персонажњои "Об- рўшної". Ин чизњоро мушоњида карда, ба хулосае расидам, ки худи воќеият аз хонадонњо силсилаи бинокоронро офаридааст. Пас чаро ман ин чизро мавриди тањќиќ ќарор надињам? Боз мегўям, ки дар ман андешаи навиштани романи сегона аз њаёти сохтмончиёни неругоњњои Нораку Роѓуну Сангтўда набуд, лекин воќеияти зиндагї маро водор сохт, ки аз паси ќањрамонњо равам.

хассисони рус, албатта дар "Сангтўда 2" эронињо. - Шумо муддате дар сохтмони неругоњи Норак иштирок доштед, њамчунин дар Роѓуну Сангтўда њам. Чї тафовутест байни бинокори Норак, ки дар замони Шўравї зиндагї дошт ва бинокори Сангтўда, ки имрўз, дар айёми истиќлол ба сар мебарад? Агар ќиёсан бигирем, таваљљуњи коргарони Норак ба адабиёт бештар буд ё Сангтўда? - Аз ин нуќтаи назар нигоњ кунем, ба њар њол хонандагони давраи Норак бештар буданд. Тамо-


www.ruzgor.tj

Театр дар рўзгор юл ба хондану омўхтани осори бадеї бештар ба назар мерасид. Лекин набояд фаромўш кард, ки онњоро ба ин нукта таъна зада намешавад, ки кам мехонанду мутолиаи кам доранд. Бубинед, ки онњо бегоњ баъди як баст кор ба хона меоянд, мадорашон расад танњо барои як шомхўрї мерасад, баъд хоњу нохоњ хобашон мебарад. Дигар фурсати мутолиа аз куљо? Чуноне ки дар боло гуфтем, дар Сангтўда тамоман як насли нав ба сари кор омад, яъне наберањои њамонњое, ки дар Нораку Роѓун кор мекарданд. Лекин ба як чиз тааљљуб кардам, ки онњое, ки дар Нораку Роѓун фаъолият доштанду имрўз ба нафаќа баромадаанд, бештар ба адабиёт таваљљуњ доранду мутолиаашон њам бештар аст. -Баъди нашри романи "Об рўшної" атрофаш аз љониби мунаќќидону хонандагон сару садоњои зиёд сар зада буд, романи "Сангтўда"-ро хонандагону адабиётшиносон чї гуна истиќбол карданд? -Дар мавриди романњои "Обрўшної" ва "Куњ бе варта нест" фикру аќидањои хонандагону мунаќќидон бештар буд. Атрофи романи "Сангтўда" андешањои гуногун сар назаданд, аммо ба њар сурат зањмати маро ќадр карданд ва њамин се романро ба назар гирифта, маро муносиби унвони "Нависандаи халќии Тољикистон" донистанд. Гумон мекунам агар "Сангтўда" ягон камбуди љиддї медошт, албатта эрод мегирифтанд. Аз дигар тараф њайрон шуданд, ки ман баъди бист соли фосила Сангтўда рафта ин романро менависам. -Имрўз нигоњи Шумо ба вазъи њикоя дар насри мо чї гуна аст? -Дар њикояњои давраи аввали истиќлол нишоне аз андеша ва тафаккури нав, ё худ нишоне аз истиќлол набуд. Кас баъди мутолиаи онњо њељ фарќ карда наметавонист, ки онро дар замони Шўравї навиштаанд ё имрўз. Дар њикояњои баъдина ба њар сурат нишонањои давраи истиќлол бештар мушоњида мешавад. Аммо дар аксар њикояњои мо задухўрду конфликтњои љолиб дида намешавад. Имрўз бубинед, ки садњо рўзномањое њастанд, ки ќиссањои мољарои оилавї ва ќиссањое аз рўзгори мардум чоп мекунанд. Дар ин навиштањо конфликту задухўрдњое њастанд, ки мураккабтар аз конфликтњои њикояњои мо њастанд ва ин диќќати мардумро бештар ба худ љалб мекунад. Баъдан дар аксар њикояњои мо якрангї дида мешавад. Инсон њамеша ба як роњ равад, њамон роњ ба табиататон менишинад. Рањматї Толис мегуфтанд, ки баъди њар як асар камаш ним сол танаффус гирифтан даркор, то шасти чизи пешинаро дар чизи нават набинї. Ман як дафъа Матлуба Ёрмирзоеваро маломат кардам, ки тору пуди њама асарњояш як чиз, номи ќањрамонњо дигар мешавад, вазъият бошад њамон як воќеа як фољеа, танњо дар муњити дигар. Ба ин дард њар адиб гирифтор шуданаш мумкин. Лекин бояд муњиту андешаро њар замон дигар бояд кард. Мо санъати њикоянависиро бештар аз нависандагони русу аврупої омўхтаем. Шояд шумо њам мушоњида карда бошед, дар њикояњои нависандагони Ирон наќл бештар аст, дар њикояњои мо тасвиру амал. Ин бурди њикояи мо аст. Аз дигар тараф, ба њар њол мо аз љињати забонї мањдуд будем ва чун ба адабиёти гузаштаамон дастрасии бештар надоштем, ќолаби аксар љумлањои мо русї буд. Гўё тољикї гап мезадем, аммо дар асл дар ќолаби синтаксиси русї. То њозир њам ин чиз мушоњида мешавад. -Сипос барои гуфтугўи ошкоро! Мусоњиб Бањман, «Рўзгор»

№13 (013) 28 августи соли 2013

7

сањнањои театрї буд, зиёд зањри нокомї кашидааст. Соли 2009 намоишномаи "Девонагї. Соли 1993" асари П.Вайс, ки дар тањияи ў дар театри русї-драмавии ба номи Маяковскии пойтахт рўи сањна омад, аз љониби Вазорати фарњанги кишвар пазируфта нашуд. Иллат он буд, ки комиссияи ќабул дар намоишномаи ў бўи "инќилоб"-ро шамид. Барзу аз љумлаи њунармандони нотакрор ва рушанфикр аст, ки бо намоишномањои "Найрангњои Абдуи Хуљандї", "Шабпарак хоб дид", "Чор дарвеш", "Антигона", "Отелло", "Њайвонхонаи шишагї" шўњрат дорад. Вай муддате дар Хуљанд кору эљод кард ва он давронро бењтарин солњои фаъолияти худ њам медонад. Дар сўњбат бо "Рўзгор" Њунарманди мардумии Тољикистон Сайрам Исоева мегуфт: "Дилам барои баромадан ба сањнаи театр гум мезанад. Аммо њамеша худ ба худ мегўям, ки чаро режиссёре пайдо намешавад, ки бо як намоишнома бо ман њамкорї кунад. Чаро як њунарманде љуръат намекунад, ки дар айни камолоти Сайрам Исоева ўро рўи сањна оварад, Сайрам боз наќш офарад. Намедонам, рости гап ман ба он умед њастам, ки боз як бори дигар Барзу Абдураззоќов меояд ба ин театр ва орзуи маро љомаи амал мепўшонад". Вале шўњрати Барзу Абдураззоќов замоне фузун шуд, ки ду намо-

БАРЗУ БО "МУЊОЉИРОН"-АШ БА САЊНА БАРГАШТ

Н

АМОИШНОМАИ адиби лањистонї Славомир Мрожек "Муњољирон" бори дигар дар Осиёи Марказї рўи сањна омад. Ва бори дуюм аст, ки он аз љониби њунарманди маъруфи тољик Барзу Абдураззоќов тањия мегардад. Агарчї, тањияи аввали он дар Тољикистон иттифоќ уфтодаву баъди чор ё панљ маротиба намоиш дода шуданаш ноком шуд, вале дар Ќирѓизистон њафтаи гузашта вазорати фарњанги он "Моњољирон"ро пазируфт. Барзу Абдураззоќов орзуи худро на дар ватан, балки берун аз он љомаи амал пўшонид.

ишномаи ў дар кишвар мамнўъ эълон гардид. Њоло Барзу рафтааст ба Ќирѓизистон ва њамагї чанд моњ пеш ин рондаи театрњои кишвар дар мамлакати њамсоя "Коргардони сол" ва бењтарин таблиѓгари фарњанги Ќирѓизистон эълон гардид. Ва дар замоне, ки маќомоти ќирѓиз бо истифода аз њар роњу восита мехоњанд асарњои нависандаи оламшумули худ Чингиз Айтматовро ба сањнаи театру кино кашанд, коргардонњое назири Барзу Абдуразоќов дар ин росто хидматњои шоистае хоњанд кард. Ва бино ба иттилои дарёфтшуда дар фестивале, ки бахшида ба ин нависандаи оламшумул баргузор мешавад, Барзу ду намоишномаро пешнињод мекунад. Дур нест он рўз, ки мо боз шоњиди шўњрати ў хоњем буд. Аз ин њам ифтихор хоњем кард ва њам бояд шармамон ояд. Шарм аз он ки ў метавонист ин хидматро ба халќи худ кунад, вале ин миллат бо ќадрношиносї ўро берун аз дар кард. Ќарор аст рўзи 28 август Барзу Абдураззоќов ба муддати як моњ ба Душанбе ояд, вале баъид аст, ки дар ин муддат вай тавонад "Муњољирон"-ро дубора ба сањнаи пойтахт баргардонад.

њои А к с гор » з «Рў

Бобољони Шафеъ, «Рўзгор» "Муњољирон"-и Славомир Мрожек чор сол пеш ба сањна гузошта шуда буд, вале дар ягон театри касбии кишвар роњ наёфт, ки намоиш дода шавад. Тавре профессор Ќурбони Собир, њунарманди шинохта ва иљрокунандаи яке аз ду наќши асосї дар сўњбат бо "Рўзгор" гуфт, баъди се-чор маротиба дар маконњои гуногун намоиш дода шудани намоишнома бидуни он ки мољарое дар пай дошта бошад, бидуни он ки сабаби мамнўъияташ эълон гардад, маќомот дастур доданд, ки он дигар намоиш дода нашавад. Њанўз барои мо маълум нест, ки дастур аз љониби кї содир шуда буд: вазорати фарњанг ё ягон нињоди зирабти дигар. Дар сўњбат бо "Рўзгор" Ќурбони Собир изњор дошт, ки сабаби мамнўъ эълон шудани намоишномаро ў намедонад, шояд худи Барзу донад, шояд касе ба ў асли гапро фањмонида бошад. Вале мо њунармандон намедонем. Намоишнома сањнае њам надошт, ки олудаи сиёсат бошад. Аз ин рў то ба њол муаммост, ки чаро он аз барномаи театр дур андохта шуд. Славомир Мрожек аз љумлаи афроди зањри муњољират кашидаест, ки зистан дар тањхонањову иљрои кори сангин барои дарёфти як бурда нон барояш бегона нест. Ва мушкилоти айёми муњољиратро вай баъди сї сол дар шакли як асари сањнавї ба риштаи тасвир кашидааст. Сањнаи офарида ў ва Барзу Абдураззоќов бо љумла ёронаш умумияти наздик ба рўзгори муњољирати тољикон дар Русия дорад. Аммо ин аз он аст, ки худи муњољират падидаи нохушоянд аст ва дар њар кишвар инсон ба ин њол афтад, гумон меравад аз як пайроња гузар мекунад. Ин аст, ки Барзу Абдураззоќов чор сол пеш дар сўњбате гуфта буд, ки тањиягарон ба доми тўњмати нотавонбинон печиданд, ки гўё онњо тољикро тањќир карда бошанд. Ва ба ёд меорад, ки њунармандон рўзона саргарми корњои дигар буданд, шабона машќ мекарданд. Аммо он замон куљо медонистанд, ки зањамоти сангинашон ќадр намешавад. Асари асил ва њунарманди асил мисли њамон мушкест, ки бўяш аз назари касе пинњон намемонад ва њарчанд мехоњанд онро дур нигоњ доранд, билохира рў мезанад. "Муњољирон"-и Барзу дар Тољикистон чор сол пеш мамнўъ шуд, шояд ин чор сол ба ёди он зањамоти шабонарўзиву талошњояш дилаш хуб метапид. Ва бо хости Худованд чун ба Бишкек даъват гардид, дар миёни чандин асарњои пешнињодшуда чашмаш ба асари Славомир Мрожек уфтод, онро пазируфт. Ва Барзу мегўяд аз он шод буд, ки дар Ќирѓизистон бидуни сензура тавонист ин шоњасари маќбули дилашро рўи сањна орад. Барзуи Абдураззоќови нављў тўли замоне, ки коргардони бењтарин

ruzgor@hotmail.com

МАЪЛУМОТНОМАИ "РЎЗГОР": Барзу Абдураззоќов, драматург, коргадон, њунарманди театр ва синамо, Њунарманди хизматнишондодаи Љумњурии Тољикистон (2001), дорандаи љоизаи ба номи Кирилл Лавров мебошад. Факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тољикистонро хатм кардаву баъдан тањсилро дар факултаи коргардонии ГИТИС-а шањри Маскав идома додааст. Дар чандин театрњои кишвар, аз љумла дар театри ба номи Камоли Хуљандии шањри Хуљанд, театри љавнони ба номи Воњидови пойтахти кишвар дар замонњои гуногун директор ва роњбари бадеї будааст. Хеле зиёд ў ба театрњои хориљи дуру наздик даъват шудааст ва коргардонї кардааст. Дар шањрњои Ќазон, Омск, Магнитогорск, Тошканд, Алма-ато, Бишкек ва дигар шањрњову кишварњо спектаклњо ба сањна гузоштааст. Теъдоди умумии намоишномањои вай бештар аз 50 адад раќам зада мешавад. Машњуртарини онњо "Отелло"-и У.Шекспир, "Антигона"-и Т.Улямс, "Шањраки мо"- и Т.Уайлдер, "Ворон"-и К.Готси, "Стансияи О"-и Паркер, "Њуќќабозињои Скапен"-и Ж.-Б.Молер, "Девонагї. 93"-и П.Вайс, "Се хоњарон"-и Антон Чехов, "Муњољирон"-и Славмир Мрожек, "Хизматгори ду хоља"-и К.Голдон ва ѓайра ба шумор мераванд. Барзу њамчунин худ намоишнома менависад ва худ ба сањна мегузорад. Намунаи он "Роњи дуру дароз ба сўи Макка", ки дар сањнаи театри љавонони Ќирѓизистон гузоштааст. Намоишномаи ў бо номи "Омурзиш"-ро фаронсавињо, олмонињо тарљума кардаанд ва дар Белорусия, Фаронса, ИМА, Ќирѓизистон ба сањна гузошта шудаву соњиби Шоњљоизаи фестивали байналмилалии кишварњои ИДМ ва мамолики назди Балтик дар шањри Санкт-Петербург шудааст. Барзу Абдураззоќов њамчунин муаллифи филми њуљљатии "Шаб" ("Чича", 1990) мебошад. Дар филмњои њунарии "Мусофир" (1989), "Замони алафњои зард" (1991)-коргардони Майрам Юсупова наќшњои хотирмон офаридааст.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


8

Њунарманд ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

Т

Муќ имљ он Абд уфа ттое в:

ЕАТР-СТУДИЯИ "Хандинкамон" яке аз маъруфтарин гуруњњои њаљвии кишвар мањсуб ёфта, њунармандони он бо тањияи сањнаву намоишњои љолиб тавонистаанд, ба дили мардум роњ ёбанд ва мањбубияти хосаеро касб кунанд. Имсол аз таъсиси ин театр-студияи њаљву мутоиба дањ сол пур шуд. Хабарнигори "Рўзгор" дар мавриди фаъолияти дањсолаи "Хандинкамон" ва умуман вазъи њаљв дар кишвар суњбате орост бо сарвари ин театр-студия Муќимљон Абдуфаттоев, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

як чизро мегўям, ки њаљв новобаста аз он ки вай бо забони кўчагї аст ё адабї, вай њаљв аст. Њаљв бояд кутоњ бошад, хандаовар бошад ва тире, ки дар он њаљв паронида мешавад, ба нишон расад. Масалан, чун Шумо њаљвияеро аз забони мардуми Ёвон, Бадахшон ё Кўлоб мешунавед, њамон латифањо аз забони худи онњо, бо лањљаи худи онњо хандаовартар мебарояд. Ваќте онро гирему адабї кунем, вай аллакай ширини худашро гум мекунад. Барои њамин ман тарафдори онам, ки мардум соф бо лањљаи мањали худаш гап занад. -Ба вазъи имрўзаи њаљв дар кишвар чї бањо медињед? - То он дам, ки ба њаљв, ба санъат чун варзиш диќќат намедињанд, пеш намеравад. Ман розї њастам, ки варзишгарони мо дар бисёр давлатњо парчами Тољикистонро мебардоранд, лекин дар Русия бисёр мушкилотро ба воситаи њаљв њал мекунанд. Масалан, "Comedy Club"-ро бинед, як шабакаи телевизиониро аз худ карда гирифтанд. Ё худ "Кривое зеркало"-и Петросян. Ман ба продюссерони барномаи "Кривое зеркало" таклиф кардам, ки як барномаи худро дар Хуљанд баргузор кунед, онњо зиёда аз 270 њазор евро талаб карданд. Ман розї њастам, ки мегўянд њаљви мо кўчагї аст, аммо бубинед, ки онњо чї гуна њаљвро ба роњ мондаанду дар њаљв чї гуна пеш рафтаанд. Убайдулло Раљабов чанд сол пеш бо њамроњи Ортиќи Ќодир як барнома тањия карда буд, ана њаљви тољик! Ман њозир бештар барномањои њаљвии Аловиддин Абдул-

"БА ЊАЉВ ЧУН ВАРЗИШ ДИЌЌАТ -Аввалан тањният мегўем шуморо ба дањсолагии театр-студияи њаљвии "Хандинкамон" ва баъдан донистан мехоњем, ки худи сарвари театр ба ин фаъолияти дањсола чї гуна бањо медињад? -Дањ сол аз як љињат муњлати кам, аммо аз љињати дигар муњлати дароз њам њаст барои як театр-студияи кўчаке, ки дар шањри Хуљанд фаъолият дорад. Албатта, тўли ин дањ сол дар фаъолияти мо пастињо њам буду баландињо њам. Лекин ба њар сурат мо дар ин муддат тавонистем ба мухлисон њудуди 300 барномаи консертї, зиёда аз 60 барномаи њаљвии телевизионї бо номи "Дармон" ва чандин барномаи "Дукони табассум"- ро тањия ва пешкаш намоем. Дар чорабинињои њукуматї њам ширкати фаъолона доштем. -Дар давоми фаъолиятатон чї мушкилот дар пеш доштед? Як мушкили кори мо ин буд, ки давоми ин солњо њунармандоне чун Њасанов Шањобиддин, Абдуллоев Фатњулло, Ѓафуров Карим, Шомирсаидова Нигора ва Гулбањор Ѓаффорова ба "Хандинкамон" шомил гардиданду чанде фаъолият бурда, баъдан гуруњро тарк карданд. Лекин бояд бигўям, ки асоси театр-студия нафароне буданд, ки то њозир њамроњи ман кор карда истодаанд. Ба њар сурат дар вилоят њаљвнигорони касбї ангуштшумор њастанд. -Намешавад љойи холии ин њунармандонро бо љавонони соњибистеъдоди шўху њозирљавоб пур кард? -Мешавад, аммо ваќте, ки Шумо як љавони навро ба кор ќабул мекунеду он љавон ба сањна мебарояд, мардум на он ќадар ба ўву суханњояш ањамият медињанд. Ў барои ба дилу дидаи мардум љо шудан бояд, ки солњо рўйи сањна фаъолият дошта бошад. Назар ба сурудхониву сарояндагї касби мо мушкилтар аст, зеро як сурудро метавонї дар чандин чорабинињо бихонї, аммо як латифаро ваќте, ки дуввум маротиба такрор мекунед, дигар мардум намеханданд ва фикр мекунанд, ки Шумо пайи эљоди чизњои нав њам нестед. -"Хандинкамон" аввалан як театр- студияи кўчаке буд дар Исфара. Чї гуна бузург шуд ва омад ба Хуљанд? - Мо аввал дар шафати ќасри маданияти шањри Исфара, дар театри мардумии ин шањр фаъолият доштем. Онљо ман коргардон будаму Гулбањор Ѓаффорова ва Сулаймон Саидѓозиев њунарманд. Сипас, ваќте ки ба мо аз тарафи Раиси ваќти вилоят Ќосимљон Ќосимов таклиф карда шуд, аввал ман худам омадам ва бо љавонони шањри Хуљанд каме кор кардам ва дар љараёни кор маљбур шудам, ки Гулбањору Сулаймонро њам ба инљо даъват на-

www.ruzgor.tj

НАМЕДИЊАНД" моям. Њамин тавр театр-студия таъсис ёфт ва баъди се-чор моњи фаъолиятамон театр-студияи "Доно ва Коно"-ро ба кор таклиф кардем. Ва њамин оѓози кори мо буд. -Яке аз маъруфтарин њунармандони кишвар Убайдулло Раљабов дар љашни дањсолагии "Хандинкамон" таъкид доштанд, ки "ман ба Муќимљон ва ба "Хандикнкамон" рашки сафед дорам". Ин таърифи устодро чї гуна ќабул кардед? -Рости гап, аз тарафи устоди њаљв чунин бањогузорї маро бисёр руњбаланд сохт, чун ба натиљаи кори Шумо як нафари дар њамон соња касбї ё худ профессионал бањо дињад, ин падидаи нек аст. Њамчунин дар суњбате, ки бо устод доштем, он кас ба камбудињои мо низ ишорањо намуданд ва мо барои аќќалан кам кардани он норасоињо кўшиш карда истодаем. Бояд њар њаљвнигор дар љустуљў бошаду бештар омўзад. Имрўз бубинед, на њама њаљвнигорони мо фаъоланд. Масалан, ман дар оѓози њар сол пеши худ наќша мекашам, ки давоми сол камаш шаш барнома тањия кунам. -Њамкории "Хандинкамон" бо њаљвнависони вилоят чї гуна аст ва сањнањои њаљвии Шуморо кадом њаљвнигорон менависанд? -Асосан навиштани матни сањначањо ва тањияи онњо бар дўши ман аст. Дар баъзе мавридњо њаљвнависон аз навоњии Ѓончї, Исфара ва Конибодом бо мо њамкорї мекунанд. Вале бояд гуфт, ки имрўз сатњи навиштањои њаљвнависони мо каме поён рафтааст. Бояд њаљвнависони мо дар бораи воќеањои имрўза ва мувофиќи завќи имрўзаи мардум нависанд. Чун муаллифи аксар сањнањои "Хандинкамон" ман њастам, баъзеи онњо мумкин камбудї доранд ва баъзеи дигар шояд хеле хуб омадаанд ва ин њама ба илњоми ман вобаста буд. -Ман аз чанде аз њунармандони театри кишвар шунидам, ки мегўянд, њаљви театр-студияи "Хандинкамон" њаљви "кўчагї" аст. Шумо ин эродро чї гуна ќабул мекунед? -Хуб, ваќте норасоињои моро гуфта меистанд, ман хеле хурсанд мешавам. Танњо ман њаминро гуфтанї њастам, ки толори њамон њунармандоне, ки њамин гапро гуфтаанд, аз тамошобин холї аст, мардум ба дидани њунари онњо намеояд, ба онњо нигоњ намекунад. Хайр то андозае эродашон дуруст аст, лекин мо имрўз бояд ба мардум наздик шавем. Дар театр агар

e mail: info@ruzgor.tj

галстук овезиву назди оина ман њунарманди бузургу маъруф гўеду мардум ба наздатон наояд, ин хел њунар чї лозим? Имрўз њунарманд бояд худ назди мардум равад, мардумро ба њунар љалб кунад. Барои чї толорњои театрњои ин ќадар номї имрўз холї аст? Барои чї њунармандони соњибунвону соњибљоиза, ки њатто ба Маскаву Фаронса рафта, баромад мекунанд, дар кишвар толорашон холї аст? -Шояд Шумо бо ин роњ мехоњед, ки ба мардум наздиктар шавед? -Бале. Ман ба Шумо як мисол меорам. Нависандаи англис Алфрейд Рейн асаре дорад бо номи "Таксисти ошиќ". Њамон

лоев ва Љамшеди Њалимро тамошо мекунам. Имрўз ман пеши худ маќсад гузоштаам, ки дар дањсолаи нави фаъолияти "Хандинкамон" њаљвро бо тарзи комилан дигар, тарзи комилан нав ба мардум пешнињод кунем. Моњи сентябр мо як барномаи консертї дорем ва дар он бинанда тамоман услуби нави њаљви "Хандинкамон"-ро хоњад дид. Ин услубро як бор ба мардум пешнињод менамоем, агар онњо ќабул кунанд, онро таќвият мебахшем. -Аксари сањнањои њаљвии њаљвнигорони тољик, азљумла "Хандинкамон" њамон аз љанљолњои оилавиву чизњои камањамият ќисса мекунанд. Чаро мо њаљви проблемавї надорем? - Сабаби ин дар набудани њаљвнависон аст. Пештар маљаллае буд бо номи "Хорпуштак". Дар он ба воситаи њаљв камбудињои замонаро мегуфтанд. Имрўз њам сањнаи њаљв

асарро мо бо њунармандони касбї (њунармандони театри Камоли Хуљандии шањри Хуљанд дар назар аст) бозидем. Аммо толор холї монд, мардум наомад, агарчї таблиѓи зиёд карданд. Барои чї? Барои он ки имрўз мардум мехоњад, ки њамон гапњо бозорї њам бошад, муњим њаќиќати њоли имрўзро шунавад. Мардум мехоњад дар бораи њаёти имрўзаи худаш шунавад, на аз њаёти инсонњои асри њабдањи Англия. Боз мегўям, ки ба мардум бояд наздик шуд. -Дар мавриди забони сањнањои Шумо чї? Чаро њунармандони Шумо дар сањна ба лањљаи соф шимолї ё худ хуљандї њарф мезананд? Оё имкон надорад, ки бо забони адабї баромад карда, мардумро хандонанд? -Албатта, забони мо шева аст, шеваи мардуми шимоли Тољикистон. Аммо ман

бояд сањнае бошад, ки дар он на танњо мушкилоти оилавї, балки баъзан мукшилоти замонаро њам онљо иброз намоем. Ман ба ин сухани Шумо комилан розї њастам. -Дар Хуљанд њаљвнигорони машњуре чун устод Додохони Эгамзод њастанд. Барои дарёфти њаљви воло чаро бо онњо њамкорї намекунед? -Њамкорї дорем, аммо њаљве, ки онњо ба мо пешнињод менамоянд, на он ќадар хуб аст. Бояд мо инро ошкору равшан гап занем. Баъзан навиштаљоти онњо ба њунармандони "Хандинкамон" писанд меояд ва мо ба сањна мегузорем. Лекин имрўз њаљвнависе, ки ба маънои томаш њаљвнавис бошад, нест. Њамчунин бисёр њаљвнигоронеро медонам, ки мегўянд "аз навиштани њаљв ба мо чї фоида?"… Мусоњиб Бањман, «Рўзгор»

ruzgor@mail.ru


Тољикон дар маќоми сарварї

Бурњон Салмонов, барои «Рўзгор» Њалќаи муњосираи Кобулро љангиёни Бачаи Саќо ва ќабилањои паштуи шинворї аз сўйи Љалолобод тангтар намуданд. Масири Кобул-Нангарњор-Њинд баста гардид. Шоњ Амонуллоњхон бо маслињату машварати љосусони англис Бачаи Саќоро ба созиш даъват намуд, ба ў ба ќавле ним миллиён рупия маблаѓи наќд дод, то вай аз ишѓоли Кобул шаш моњ худдорї намояд. Ба таваќќуф гузоштани љанг, албатта ба фоидаи шоњ набуд. Агарчанде теъдоде аз сарварони ќабилањои љануб аз нигоњи хунї бо шоњ њамраъйї пайдо карданд, вале амвољи нањзати умумиисломии кишвар ў ва ислоњоташро наљот дода натавонист. Муаррихон дар тањлили он айёми пуртањлукаи Афѓонистон ба ин назаранд, ки дар барканории Амонуллоњхон дасти маќомоти љосусии Англия нисбати Шўравии коммунистї дарозтар будааст. Чаро? Англия дар Осиё мавќеашро бо истиќлолталабии кишварњои дар зери тасарруфаш буда сол то сол аз даст медод, ки дар ин ќарина Афѓонистон истисно набуд. Аз нигоњи дигар, ин кишвари аврупої намехост афѓонњо сохтори давлатдориро таѓйир бидињанд, чуноне ки Амонуллоњхон сохти љумњуриявиро орзу мекард. Умуман Англия ба њайси як кишвари ишѓолгар намехост Афѓонистон аз торикии љањлу љањолати асримиёнагї берун ояд. Бинобар он, дар лањзањои њассос эмиссарњои англис аз дастгирии

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

ЊАБИБУЛЛОЊХОНИ КАЛАКОНЇ

www.ruzgor.tj

Амонуллоњхон руй тофта, њатто силоњњои харидаи ў дар муњлатњои муайян ба Кобул интиќол наёфт, ки баъдан шўришгарон ин силоњњоро ба даст оварданд. "Хомўшї"-и шабакаи љосусии минтаќавии Англия дар вазъи муњосиравии Кобул аз он шањодат медод, ки онњо нањзати иртиљоъии Њабибуллоњхони Калакониро ќабул доранд, аммо боз аз ў тарс њам доштанд. Зеро шиори умумиафѓонї ва исломии нањзати Њабибуллоњхони Калаконї дар он шабу рўз мубориза алайњи куфор ба њисоб мерафт. Моњи январи соли 1929 Амонуллоњхон барои нигоњдории њукумати Дуронињо, ки аз соли 1747 зимоми давлатдориро дар даст доштанд, якчанд ислоњотњои маљбуриро гузаронд. Пешвои рўњониёни кишвар Гулоќоро, ки дар њабс буд, озод кард. Аммо ин гузашткунињо ба нафъи ў набуд. Фишори рўњониён ва муњосираи Кобул ўро маљбур сохт, ки 14 январи соли 1929 барои њифзи ислоњот бародараш Иноятуллоро шоњ эълон намояд. Ин тадбир ба ѓазаби рўњониён равѓан рехт ва баъди се рўз Њабибуллоњи Калаконї мувофиќи фатвои уламои бузург шоњи Афѓонистон эълон гардид ва бо њамин њукумати сулолаи баракзайї, ки дар саргањи он Дўстмуњаммади Дуронї меистод, аз сохти сиёсии кишвар барчида шуд. Чуноне дар боло ишора кардем, замоне, ки Њабибуллоњхони Калаконї дар Афѓонистон ба тахту тољи шоњї тасаллут ёфт, дар минтаќа сиёсати абарќудратњои он замон барои ояндаи Афѓонистон њанўз мушаххас на-

ШОЊ АМОНУЛЛОЊХОН, аз рўйи навиштаи Халилуллоњи Халилї, дар он шабу рўз аз вожгунии салтанат он ќадар ѓамгин набуд, ў ѓами ислоњот ва ояндаи Афѓонистонро мехўрд. Мехост мамлакатро дар пояи Туркия ва Эрони њамсоя бубинад. Дар тўли њашт соли баъдиистиќлолї пойдевори рушди иќтисоду фарњанг то љойе гузошта шуд, фарњангиёну зиёиён чун насли навини бедор зуњур карда, нишонањои фарњанги ѓарб кам-кам дар њаёти иљтимоъї тамаркуз ёфт. Дар шањри Кобул нахустин рўзномаи бедории афѓон бо номи "Сирољ-ул-ахбор" аз љониби Мањмуди Тарзї ба нашр расид. Аммо ин пешрафту тараќќиро рўњониёни иртиљоъпараст дидан намехостанд ва фатвои уламо, ки Амонуллоњхон шоњи бедин аст, дар он шабу рўз ѓиреви мардуми дар љањолати асримиёнагї ќарордоштаро алайњи ин шоњи ислињотхоњ барангехт.

буд. Англия сиёсаташро нисбати Афѓонистон, бахусус зидди њукумати тољикї дигар кард.Дар як муддати кўтоњ бо дастгирии онњо ќабилањои паштуи љанубу шарќ дар Нангарњор Алї Ањмадхонро подшоњи нави Афѓонистон эълон карданд. Чунин ранг гирифтани вазъ дуњукуматиро тавлид кард. Њамсояи шимол Шўравї на танњо њукумати Њабибуллоњхони Калакониро ба расмият нашинохт, балки интервентсияи њарбиро муќобили Афѓонистон шурўъ кард. Барои шикасти њукумати Њабибуллоњхони

Њ

№13 (013) 28 августи соли 2013

рони ќабилањои мухталифи паштутабор, , ки барои сарнавишти ояндаи Афѓонистон наќши асосї доштанд ва инчунин артиши шоњї ва хонаводаи Амонуллоњхон ба ў пайвастанд. Дахолати навбатии Англия ба умури дохилии кишвар шикаст хўрд. Аммо Шўравї дар муќобили Њабибуллоњхони Калаконї истодагарї дошт, зеро роњбарияти кишвари шўроњо, бахусус Сталин аз њукумати тољикии Кобул дар њарос буд. Эъломияи расмии шоњи аз сиёсати калон фарсахњо дур ва то љойе њам маѓрур Њабибуллоњ-

абибуллоњхони Калаконї бо вуљуди бо фишори дохилии кишвар ва хориљї рў ба рў шудан, њаракати аксулинќилобии Осиёи Миёнаро љонибдорї мекард. Дар ин бора мулоќотњои ў бо амири фирорї Олимхони манѓит шањодат медињанд. Баъди тахту тољро соњиб шудан Њабибуллоњхон амир Олимхонро ба њузур пазируфт ва ба ў аз њисоби хазинаи давлат моњона таъин кард.

Калаконї дар он шабу рўз њадафњои Англия ва Шўравї ба њам гирењ хўрд, бо вуљуде ки онњо дар Афѓонистон манофеи худро доштанд. Шўравї тавассути Мазори Шариф то Чоряккор лашкар кашид, Алї Ањмадхон бо артиши дувоздањњазорнафара ба Кобул њуљумро оѓоз намуд. Њабибуллоњхони Калаконї дар моњи марти соли 1929 муњосираро рахна намуда, Алї Ањмадхонро дар љануб бо шикаст мувољењ сохт, дар натиља ќисми зиёди љангова-

ruzgor@hotmail.com

хони Калаконї, ки "Мо Осиёи Миёнаро аз болшевикон озод, амир Олимхонро дар Бухоро ба тахт мешинонем ва ба Маскав њуљум мекунем", роњбарияти Иттињоди Шўравиро аз њар нигоњ такон дод. Ин суханон аз забони Њабибуллоњхон њангоме садо дод, ки дар марзи Афѓонистон резиденсияи миллатгарои ашаддии туркпараст Закї Валихонови тотор ва дастањои босмачиёни савгандхўрдаи Иброњимбеки лаќай, Фузайл Махсуми ќаротегинї,

info@ruzgor.tj

9

Шермуњаммад ( кўри Шермат) ва чандин сарварони дастањои мусаллањи водии Фарѓона, Тахтабозори Туркманистон ва инчунин шабакањои љосусии хориљї ќарор доштанд. Онњо борњо марзи Шўравиро рахна намуда, дар аксар навоњии сарњадї сохти Шўравиро дар љумњурињои Ўзбакистон, Туркманистон ва Тољикистон аз байн бурда, фаъолони њукуматро кушта ва ё дар гаравгони онњо ќарор доштанд. Масалан, моњњои март- апрели соли 1929 Фузайл Махсум аз Бадахшони Афѓонистон ба Тољикистон њуљум овард. Бо вуљуде, ки кушторњои берањмонро дар водии Ќаротегин роњандозї намуд, шармандавор шикаст хўрд. Босмачиён барои кишвари Шўроњо душманони хеле хатарнок боќї монда буданд. Бояд тазаккур дод, ки Њабибуллоњхони Калаконї бо вуљуди бо фишори дохилии кишвар ва хориљї рў ба рў шудан, њаракати аксулинќилобии Осиёи Миёнаро љонибдорї мекард. Дар ин бора мулоќотњои ў бо амири фирорї Олимхони манѓит шањодат медињанд. Баъди тахту тољро соњиб шудан Њабибуллоњхон амир Олимхонро ба њузур пазируфт ва ба ў аз њисоби хазинаи давлат моњона таъин кард. Њабибуллоњхон ва амир Олимхон шиноси дерина буданд ва њузури подшоњи фирории Бухорои Шариф дар Афѓонистон иртиљоъхоњонро неру мебахшид. Њабибуллоњхони Калаконї мехост аксари масъалањои дохилї ва хориљиро бо зўри силоњ ва љанг њаллу фасл намояд. Ба тавсеаи сиёсати хориљї он ќадар дуруст сарфањм намерафт ва сиёсати хориљии кишварњои абарќудрати он замонро дар ќиболи Афѓонистон ба таври бояду шояд дарк намекард. Масалан, дар он солњо сиёсати хориљии Англия нисбати минтаќа, Афѓонистон ва њукумати тољикии Кобул бо сарварии Њабибуллоњхони Калаконї хеле пардапўшона буд. Англия на танњо њукумати навро дар Афѓонистон ба расмият нашинохт, балки Њабибуллоњхони Калакониро ба њайси лидери сиёсї эътироф накард. Эмиссарњои англис дар ќисматњои љанубу шарќи кишвар ва Вазиристони Њиндустон ба амалњои љосусї даст зада, ояндаи Афѓонистон, яъне ба кї тааллуќ доштанро тарњрезї менамуданд. Роњбарияти Шуравї њам дар ин андеша ва ташвиш буданд: ба тољикон эътимод намоянд ё ба паштуњо? Шоир, олиму шахсияти сиёсї Халилуллоњи Халилї ва муаррихони хориљї нигоштаанд, ки агар Њабибуллоњхони Калаконї аз рўйи њавобаландї ва содагї, ки "ман то Маскав њуљум мекунам" намегуфт,Шўравї ўро дастгирї мекард ва њукуматаш шояд чанд соле пойдор мемонд. Бо вуљуди ин, дар Маскав дар мавриди њукумати Њабибуллоњхони Калаконї миёни бюрои сиёсии њизби коммунист ва ЧК назарњо духўра буд. Аввалан, Сталин аз мављудияти нањзати босмачигарии Осиёи Миёна дар хоки Афѓонистон хавф дошт ва намехост Њабибуллоњхон дар сари ќудрат бошад. Дуюм, вай бо шоњи маъзул-Амонуллоњхон робитаи дўстї дошт ва гумоштаи шоњ Ѓуломмуњаммади Чархї сарвари Шўравиро дилпур сохта буд, ки бо ба сари ќудрат омадани Амонуллоњхон неруњои зиддишўравї, алалхусус нањзати босмачигарии Осиёи Миёнаро барњам медињанд. Аммо назари Кумитаи фавќулоддаи Шўравї ба њукумати Њабибуллоњхони Калаконї некбинона буд. Онњо борњо мехостанд Сталинро мўътаќид созанд, ки Њабибуллоњхон пуштибони мардуми одї аст, бо роњандозии дипломатияи ќавї ўро дўсти Шўравї гардондан муяссар мегардад. Аммо инро Сталин ќабул надошт. (Идома дорад)

www.ruzgor.tj


10

А

Мољарои рўзгор

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

Ба ифтихори љашни 94- мин солгарди Истиќлолияти Афѓонистон Суруди "Биё бачем, ангур бихўр", ки собиќаи онро бештар аз сад сол ба њисоб гирифтаанд, аз машњуртарин ва мањбубтарин намунањои осори назми шифоњї ба шумор меравад. Ин падидаи завќию бадеї тавассути тарљумањои он ба забонњои русї, инглисї ва фаронсавї дар байни намояндагони ин забонњо низ кайњо боз маълум ва машњур аст. Тибќи маълумоти иддае аз донишмандон ва фарњангиёни дохилї ва хориљї суруди мазкур дар шароите ба дунё омадааст, ки мардуми озодихоњи Афѓонистон барои наљоти ватан ва истиќлолияти сиёсї ва худиродияти воќеии хеш ба муќобили таљовузгарони Инглис ба шўр омада буданд.

Таърих гувоњї медињад, ки мардуми Афѓонистон солњои мутамодиро дар пайкор алайњи таљовузкорони бегона гузаронидаанд. Ин мардум гоње бо шоњони муѓулии Њинд масоф додаанду замоне ба инглисњо ва меросхўрони онњо дасту панља нарм кардаанд. Аз љонибе тасодумоти зотулбайнї низ дар натиљаи тасаллути комили нобарорињои иљтимої ин љову он љо тез-тез ба вуќўъ мепайвастанд. Аз ин љост, ки љангу пайкор ба муќобили душманони дохилї ва хориљї зарурати аввалиндараљаи љомеаи афѓонњоро ташкил медињад. Ин зарурати мубрами иљтимої занону модарони ин сар-

лоњдид ва амру хоњиши мустамликадорони хориљї ба дунё наомада ва ба њељ ваљњ маќсаду мароми онњоро ба арз нарасонида. Њамчунин ин сурудро наметавон ба масобаи баёнгари ѓояњои афтодарўњї, дунёбезорї, итоаткорї бељуръатї ва рўгардонидан аз ќиёму љунбишњои сарнавиштсози зиддииртиљої арзёбї кард. Тадќиќу тањлили матни суруд собит месозад, ки он моли тўдањои зањматкашу ситамдида аст ва аз ин рў вай бидуни шак рўњия ва талабу дархостњои њамин гурўњи иљтимоиро бозтоб менамояд. Гузашта аз ин суруд аз ѓояњои ватандўстї, миллатпа-

БЎЊТОНИ МАЊЗ ДАР БОРАИ ЯК СУРУДИ ТАЪРИХИИ ДАРЇ Масалан, дар ин бора донишманди афѓонистонї Шамсиддин Зарифи Сиддиќї мегўяд: "Ин суруд, ки аз сароиши он бештар аз як сада мегузарад, ёдовари поймардињо ва љонбозињои размандагон аст, ки аз миёни тўдањо бархоста ва дарси фаромушношуданї ба душман додаанд. "Биё бачем, ангур бихўр" суруди машњури мардуми самти шимоли Афѓонистон аст, ки дар даврони ќиёмњои мардум бар зидди ангрезони таљовузгар суруда шудааст". Воќеан њам, нусхањои аз мањалањои гуногуни Афѓонистон гирдомадаи суруд бо мазмуни худ мулоњизањои ањли тањќиќро дар бораи замон ва омилњои асосии пайдоиши ин асари мардумї комилан ба тасвиб мерасонанд, яъне аз рўи нусхањои ба дастомада маълум мегардад, ки мўњтавои суруди "Биё бачем, ангур бихўр" бо таърихи муборизањои мардуми Афѓонистон алайњи таљовузгарони Инглис ва пайравони дохилии онњо пайванди амиќе дорад. Барои тасдиќи ин гуфтањо дар ќадами аввал ин љо аз як нусхаи суруди мазкур ёдовар мешавем, ки онро фолклоршинос Асадулло Шуур дар китоби худ "Мафоњими шифоњї ва сайри таърихии он дар Афѓонистон" (Кобул, 1988) ба нашр расонидааст. Матолиби ин нусхаи сурудро на фаќат тасвири вазъу шароит ва натиљаи мудњиши љанги зидди инглисњо, балки танќиду мазаммати аъмоли ношоистаи бузургон ва дастандаркорони сиёсати дохилии он рўзгор низ эњтиво менамояд. Чунончи, дар суруд омадааст. Муњаммадљон марди майдон аст, биё бачем, ангур бихўр! Љангаш дар майдон аст, биё бачем, ангур бихўр! Яќубхон соњиби имон аст, биё бачем, ангур бихўр! Амири мо Мусохон аст, биё бачем, ангур бихўр! Модшарихон ба зиндон аст, биё бачем, ангур бихўр! Писараш наги афѓон аст, биё бачем, ангур бихўр! Довудшоњ хирси калон аст, биё бачем, ангур бихўр! Валимададхон шайтон аст, биё бачем, ангур бихўр! Бачи рус Абдурањмонхон аст, биё бачем, ангур бихўр! Исматулло ба Кошон аст, биё бачем, ангур бихўр! Кобул мисли Хиндустон аст, биё бачем, ангур бихўр! Дабалрупия1 паррон аст, биё бачем, ангур бихўр! Ялагардии занон аст, биё бачем, ангур бихўр! Овоза ба Эрон аст, биё бачем, ангур бихўр! Њирот моли Тењрон аст, биё бачем, ангур бихўр! Модаюбхон (Муњаммадаюбхон) њайрон аст, биё бачем, ангур бихўр! Боќї як љанги калон аст, биё бачем, ангур бихўр! Сањро њама пурарѓувон аст, биё бачем, ангур бихўр! Гули сурх хуни шањидон аст, биё бачем, ангур бихўр!

www.ruzgor.tj

Аз мутолиаи матни боло эњсос мегардад, ки аксарияти рўйдодњо ва њаводиси дар ин суруд зикршуда воќеияти комилан мутлаќи таърихианд, яъне онњо тавре инъикос ёфтаанд, ки аз асли худ чандон тафовуте надоранд. Бинобар ин ба эњтимоли зиёд метавон гуфт, ки суруди мазкур нишондињандаи назари жарфи мардуми авом ба масъалањои миллї ва сиёсї мебошад ва он собит менамояд, ки ањли зањмат чї гуна ба аъмоли бузургон ва дастандаркорони давру замони хеш эътибори махсус додаанд ва ба чї андоза тавонистаанд авзоъ ва ањволи рўзгори хешро амиќан ва даќиќона арзёбї намоянд. Ба сухани дигар ин суруд танњо њовии эзоњи њодисањо набуда, балки он ба њайси байёнгари назари интиќодие низ шинохта мешавад, ки мардуми авом дар мавриди мавзўъњои тарафи алоќаи худ иброз доштаанд. Дар омади гап зарур медонем, ки дар ин љо як масъаларо дар иртибот ба суруди мавриди бањс тазаккур дињем. Гап дар сари он аст, ки муњаќќиќи фолклори Афѓонистон Г.Ф.Гирс дар асари худ "Историчес-

Ба ќавли Гирс донишманди фаронсавї Чеймс Дармстетер пайдоиши ин сурудро ба номи генерали сангдилу золими Инглис дар Афѓонистон Робертс алоќаманд медонистааст ва ў бењуда онро "Суруди генерал Робертс" ном намонда будааст. кие песни пуштунов" (Москва, 1984) тарљумаи русии нусхаи фавќулзикри суруди "Биё бачем, ангур бихўр"-ро дарљ намуда, дар бораи он як аќидаи ѓайриќобили ќабулро пеш меронад. Г.Ф.Гирс мўътаќид бар он аќида аст, ки ин суруд гўё ба масобаи суруди гањвора ( "Алла" ё "Лалў") дар робита ба майлу хоњиш ва талоши мустамликадорони Инглис эљод шуда, барои ифодаи маќсаду маром ва њимояи манфиати онњо хизмат карда бошад. Ба пиндошти Гирс ин асар аз љумлаи сурудњое аст, ки бо рўњияи рўњафтодагї, дунёбозорї ва итоаткорї фаро гирифта шудаанд ва зимнан ѓояњои аз љунбишу њарактњои озодихоњї дар канор будан ва рў гардониданро бозтоб менамоянд. Ба ќавли Гирс донишманди фаронсавї Чеймс Дармстетер пайдоиши ин сурудро ба номи генерали сангдилу золими Инглис дар Афѓонистон Робертс алоќаманд медонистааст ва ў бењуда онро "Суруди генерал Робертс" ном намонда будааст. Дар посух ба мулоњизањои Г.Ф.Гирс њаминро гуфтанием, ки: якум - суруди мавриди назар њељ гоњ ба жанри сурудњои гањвора ("Алла" ё "Лалў") иртибот намегирад ва он њаргиз суруди бачагона њам буда наметавонад. Вай зотан суруди љавонон ва размандагон буда, ба мавзўъи љанг ва рўйдодњои муњими таърихї ва шарњу эзоњи аъмоли шахсиятњои бузурги таърихї, ки дар њаёти сиёсї ва иљтимоии мардуми Афѓонистон дар даврони њуљуми ќўшунњои мустамликадорони Инглис ба ин сарзамин аз ягон љињат наќше бозидаанд, ихтисос дорад.

e mail: info@ruzgor.tj

заминро водор намудааст, ки онњо кўдаконашонро тибќи ниёзи љомеаи хеш парвариш дињанд, дар онњо аз њамон оѓози њайёташон рўњи њамосат, диловарї ва хидмат кардан ба љомеаро талќин намоянд. Онњо орзу мекарданд, ки атфолашон шамшерзани хуб, саворкори моњир, инсони далеру шуљоъ ва амсоли инњо таќдими љомеа гарданд, то тавонанд ба нафъи мардум кореро ба анљом бирасонанд. Бинобар ин модарон бо маќсади таќвияти рўњи њамосии атфолашон аз асарњои њамосии фолклорї истифода ба амал меоварданд ва ин гуна асарњоро ба онњо њангоми ба хоби ноз рафтанашон дар сари гањвора гўшзад менамуданд. Шояд баъзе аз модарон суруди "Биё бачем, ангур бихур! - ро низ дар Афѓонистон бо њамин маќсад ва дар хамин маврид истифода карда бошанду њанўз њам бо њамин маќсаду дар њамин маврид истифода мекунанд. Вале ин њаргиз маънои онро надорад, ки асари мазкур ба жанри сурудњои гањвора иртибот мегирифта бошад. Инак, даъвои фолклоршинос Г. Ф. Гирс дар бораи ин, ки гўё суруди "Биё бачем, ангур бихўр" ба жанри сурудњои гавњора ("Алла" ё "Лалў") иртибот мегирад, ќабулнопазир аст. Ин даъворо худи мўњтавои суруд низ рад мекунад. Дуюм - суруди "Биё бачем, ангур бихўр" асари њамосї ва гувоњномаи ќиёмњо ва љонбозию фидокорињои мардуми Афѓонистон алайњи таљовузкорони иртиљої дар роњи наљоти онњо аз банду ќайди асорат дар нимаи дуюми ќарни XIX мебошад. Бегумон ин суруди љаззоб њељ гоњ рўи са-

ruzgor@mail.ru

растї, озодихоњи, ќањрамонї ва ѓайра саршору гаронбор мебошад, ки ин љињатњои он гоњ ошкоро, гоње пардапўшона ва замоне бо кинояю маљоз зоњир мегардад. Яќинан, зуњуроти чунин вижагињои сурудро дар мисраъњои интиќодие, ки унвонии баъзе аз дастандаркорони даврони љангњои одилонаи афѓонњо гуфта шудаанд, низ ба хубї пай бурдан мумкин аст. Ба шањодати гуфтањои боло метавон тазаккур дод, ки чунин даъвои Г.Ф.Гирс дар бораи ин,ки гўё суруди мавриди бањс бо амру хоњиши мустамликадорони иртиљоии Инглис эљод шуда, марому маќсади онњоро ифода мекарда бошад, низ ќобили пазириш нахоњад буд. Сеюм - Г.Ф.Гирс дар асоси маълумоти Ч. Дарместетер суруди "Биё бачем, ангур бихўр"-ро ба номи генер Робертс алоќаманд медонад, ки бо ин даъвои ў низ розї шудан душвор аст, зеро ба суруд номи генерал Робертсро додани Ч. Дармстетер њанўз маънои онро надоард, ки ин асар дар васфи ў гуфта шуда бошад: аввалан дар нусхаи зикршудаи суруд дар бораи Робертс ягон ишорае њам нест, ки ин даъворо ба тасдиќ расонад, сониян, ба назар чунин мерасад, ки Ч. Дармстетер чунин номро аз рўи кадом як нусхаи дигари дар таърифи генерал Робертс эљодшудаи суруд ба ин асар муносиб донистааст, ки мутаасифона мо он нусхаро феълан дар даст надорем ва нињоят, дар баъзе аз нусхањои ин суруд мисраъњое низ шомиланд, ки дар онњо унсурњои назари танќидии мардум нисбат ба генерал Робертс эњсос мегардад.


Дин ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

11

БА ОБИ ТАВБА КУН ЉУРМУ ГУНАЊ ПОК... «Барои гуноњони худат ва гуноњи мардон ва занони мусалмон маѓфират бихоњ». Ќуръони Маљид, Сураи Муњаммад, ояи 19.

А

з љумлаи неъматњое, ки Худованди бузург барои бандагонаш додааст, тавба аст. Парвардигор дар зоти худ тавбапазиру мењрубон аст ва авфи гуноњон бузуртарин сифатњои худовандист, вале мушкил он аст, ки на њамаи бандагон аз ин хабар доранд. Тавба шабењи доруест, ки инсон гуноњашро мудово мекунад ва дар пешгоњи бахшиши Худованд ќарор мегирад. Дар ривоятњо чунин омадааст, ки ваќто умматони пешин гуноње содир мекарданд, дарњол дар љисми онњо нависонда мешуд, ки фалонї чунин гуноње содир кардааст ва љазои ў чунин аст. Аммо уматони охирзамонро Худои бузург он ќадар имтиёз додаст, ки њар ќадар гуноње содир кунанд, ягон гуноњи онњо зоњир намешавад, ки њамаи ин аз баракати лутфи Пайѓамбари Худо, њазрати Муњаммади Мустафо саллаллоњу ъалайњи ва салам аст. Худованди бузург барои бандагон ба он дараљае ѓамхор аст, ки инсон солњо Худоро нофармонї мекунад, вале дар аввалин соате, ки рўй ба даргоњи Худо меорад, Худованд тавбаи ўро мепазирад.

САД БОР АГАР ТАВБА ШИКАСТЇ, БОЗ О Пайѓамбари гиромї ва мењрубон (с) дар як њадиси муборакашон мефармоянд: Худованд тавбаи бандаро ќабул мекунад то он даме, ки рўњаш ба њулќум нарасидаст. Ба дигар маънї дари тавба барои банда то охирин лањазоти умраш боз аст. Дар ин маврид њикояти љолибе омада, ки бомаврид медонем арз кунем: Шахсе аз солење аз ин њадис суол мекунад ва мепурсад, ки ту дар ин бора чї мефармої? Он шахс гуфтааст, њадис дуруст ривоят шуда, аммо ту чї пеша дорї? Гуфт: Ман марде хайётам ва љомањо медўзам. Пурсид: Дар касби ту кадом кор аз њама осон аст? Посух дод: Бо ќайчї буридани матоъ. Суол кард: Чан сол аст, ки ин корро мекунї? Гуфт: Сї сол шуд. Гуфт: Дар он ваќт, ки љон ба ѓарѓара расид, тавонї, ки љомаро бурї? Посух дод: Не. Он бузург фармуд: Коре, ки муддате дар вай зањмат кашидаї, то омўхтаї ва муддати сї сол ба осонї мекардї, дар он ваќт натавонї, ки бикунї. Тавба, ки дар њама умр накарда бошї, дар он ваќт кай тавонї? Тавба имрўз кун, ки метавонї, ки шояд он дам натавонї тавба кард”. Боз о, боз о, њар он чї

Дар оятњои 53 ва 54 сураи Зумар, ки онро донишманди тољик Иброњими Наќќош умедбахштарин оят дар Ќуръони Карим медонад, Парвардигори љањониён мефармояд: “Бигў, эй бандагони ман, ки бар худ таљовуз кардаед, аз рањмати Худо ноумед нашавед! Њароина, Худо њамаи гуноњонро якљо меомурзад; ба ростї, ки њамоно Омурзгори Мењрубон аст. Ва пеш аз он ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда шавед, ба сўйи Парвардигоратон бозгардед ва ?ро фармон баред”! Албатта, мо бандагон ваќте, ки Худои худро намешиносем, саргарми дунё ва корњои дунявї шуда, солњо аз ёди холиќи хеш ѓофилем, дар аввалин лањзае, ки аз сидќи дил тавба мекунем, Худованд тавбаи моро ќабул мекунад. Аз њамин љињат инсон дар кадом њолат ва дар кадом мансабе набошад, бояд аз ин неъмати бебањои Худованд истифода барад. ТАВБА БА ЗАБОН, БА ДИЛ ВА БА ТАН Парвардигори тавбапазир дар ояи 31 сураи муборакаи «Ан-нур» мефармояд: «Эй мўъминон ба даргоњи Худо тавба кунед, ба тањќиќ растагор мешавед, ба тањќиќ наљот меёбед». Албатта, тавба кардан аз њар гуноње, ки набошад ба даргоњи Худо ќабул мешавад, ба шарте, ки тавба ба забон, ба дил ва ба тан бошад. Тавбаи дил он аст, ки инсон ваќте гуноње содир кард, дарњол аз он пушаймон мешавад. Тавбаи забон он аст, ки банда ба забон изњори пушаймонї ва надомат кунад. Тавбаи тан он аст, ки инсон баъд аз тавба љисми худро аз гуноњ кардан боздорад. Ваќте, ки инсон чунин тавбаи њаќиќї кунад, чї ќадар гуноње, ки содир карда бошад. Худованди мењрубон мавриди авф ќарор хоњад дод. Аз он ки фармудаанд: Зи чанголи гунањ кун бонгу ошуб, Дари рањмат ба дасти тавба мекўб.

ПАРВАРДИГОРИ ЉАЊОНИЁН ДАР БОРАИ ИСТИЃФОР ВА ТАВБА

«Парвардигоратро бо њамд ва покї ёд кун ва аз вай омўрзиш бихоњ, ки њароина Ў таъолло бисёр тавбапазир аст» Сураи Наср, ояи 3. «Касе, ки муртакиби бадї шавад ва ё бар худаш зулм кунад ва баъд аз он аз Худованд маѓфират талаб кунад, Худовандро омўрзанда ва мењрубон меёбад» Сураи Нисо, ояи 110. «Ва касоне, ки чун муртакиби фањшо шаванд ва ё бар худ зулм намоянд, Худовандро ёд кунанд ва ба гуноњонашон маѓфират бихоњанд ва кист, ки ѓайр аз Худо гуноњонро маѓфират кунад. Сураи Оли Имрон, ояи 135. Ва боз њам аз ањодиси Пайѓамбар (с) бихонем: Аз Абуњурайра (р) ривоят кардааст, ки гуфт: Шунидам, ки Расулаллоњ (с) мегуфт: «Ман дар як шабонарўз зиёдтар аз њафтод бор аз Худо маѓфират хоста ва ба вай тавба мекунам» (Њадис аз Бухорї) Аз ибни Аббос ривоят аст, ки Расулаллоњ (с) фармуд» «Касе истиѓфорро лозим гардонад, Худованд барояш аз њар тангї наљотгоњ ва аз њар ѓаму мусибат кушо-

“Дар тарафи Маѓриб дарвозаи тавба дуруст кардаанд, ки пањнои он ба андозаи масофати њафтодсола роњ аст. Он дарвоза њељ ваќт баста намешавд, то замоне, ки Хуршед аз тарафи Маѓриб тулўъ кунад”. Њадиси Расулаллоњ (с), ки имом Тирмизї (р) аз Сафвон ибни Ассол (р) ривоят кардааст. Ба оби тавба кун љурму гунањ пок, Ки зањр омад гуноњу тавба тарёк. Худои бузург дар ояи њаштуми сураи муборакаи «Аттањрим» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, тавба кунед ба сўи Худованд, тавбаи холисона ва содиќона ба тањќиќ Худованд ба сабаби тавба гуноњони шуморо мебахшад ва шуморо дохили љаннат мегардонад». Албатта, аз лутфу марњамат ва караму бахшиши Худованд њељ кас дур намемонад. Зеро лутфу марњамати Худо васеътар аз хашму ѓазаби ўст. Худои бузург агар бихоњад куфри садсоларо дар як лањза мебахшад. Аз њамин љињат ваќте бандаи мўъмин гуноње содир кард, бояд ноумед нашавад. Њамон тавре шоир мефармояд: Гар тавбаи ту нусўњ бошад, З-он тавба туро футўњ бошад.

њастї, боз о, Гар кофару габру бутпарастї, боз о. Ин даргањи Мо даргањи навмедї нест, Сад бор агар тавба шикастї, боз о. Аз њамин љињат бояд њар яки мову шумо аз ёди он Худованде, ки ин ќадар мењрубону бандапарвар аст, ѓафил набошем. Њазрати мавлавї Љунунї мефармоянд: Њар банда, ки лоиќи фазли Худо шавад, Аз байни гумрањони њалокат људо шавад. Дарди гуноњи хеш даво чун намекунї, Рав тавба кун ба сидќ, ки дардат даво шавад. Эй ошиќи гадо, ба дари шоњ зора кун, То рањми Подшоњ ба њоли гадо шавад. ЧАНД ФАРМУДАИ ДИГАР АЗ

ruzgor@hotmail.com

ише пайдо мекунад ва ўро аз љойе рўзї медињад, ки фикру гумон намекард» (Аз Абудовуд) Аз Абуњурайра (р) ривоят аст, ки Расулаллоњ (с) фармуд: Ќасам бад-он, ки нафси ман дар яди ќудрати ўст, агар шумо гуноњ накунед ва боз тавба ва истиѓфор нанамоед, Худованд шуморо аз байн мебарад ва ба ивази шумо ќавмеро меоварад, ки гуноњ мекунанд ва аз Худованд маѓфират мехоњанд ва Худованд ишонро маѓфират мекунад. (Маќсуд аз ин ташвиќ ва амр ба тавба аст, на ташвиќ бар гуноњ кардан). (Њадисро Муслим овардааст) Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Мо дар як маљлис сад бор њисоб мекардем, ки Расулаллоњ (с) мегуфт: Эй Худо, маро бубахш ва тавбаи маро ќабул кун, њароина ту тавбапазир ва мењрубон њастї.

info@ruzgor.tj

(Абудовуд) Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Расулаллоњ (с) пеш аз марг зиёд мегуфт: «Субњоналлоњи ва бињамди астаѓфуруллоњ ва ъатубу илайњ» Пайѓамбари гиромї (с) фармуд: Њароина ман гоње парокандадил мегардидам ва њароина дар як рўз сад маротиба аз Худованд маѓфират мехоњам. (Њадис аз Бухорї) НИЁИШ БА ДАРГОЊИ ДЎСТ Дубайтињои Мулло Њабибуллоњи Кошонї Сањаргоње дилам бо сўзу оње, Равон шуд сўи даргоњи Илоњї. Њамегуфтам: Илоњї ё Илоњї, Ба уммеди ту кардам ман гуноње. *** Њабибо, дар рањат сад гуна дардаст, Нагардад аз рањат он кас, ки мард аст. Зи гулшан гар гуле хоњї бичинї, Љафои хор бо ту дар набард аст. *** Худовандо! Дилам кардї ду пора, Чу бастї бар рухам дарњои чора. Рафиќонам зи ман кардї канора, Худовандо! Ќабулам кун дубора. *** Ѓами олам њама андар дили ман, Худовандо! Ту бикшо мушкили ман. Ба љуз кўи туам манзил набошад, Сиришти мењр худ андар дил набошад. *** Аз шаш љињатам чу чорае нест, Фарёдрасе ба љуз Худо кист? Ё Раб, ту ба ман инояте кун, Аз ман ту мапурс тоатат чист. *** Эй он ки зи њасти хеш њастам кардї, В-аз љоми муњаббат ту мастам кардї. Нафси бади ман, ки бутпа растї мекард, Аз марњаматат худопарастам кардї. *** Намедонам, намедонам куљої, Њамедонам, ки андар љони мої. Ман аз ишќи ту сўзонам чу Маљнун, Намедонам чунин бо мо чарої. *** Намехоњам зи ту мулку сипоње, На њашмат, на љалолеву на љоње. Њамехоњам зи ту, ки гоњ – гоње, Ба сўи ман кунад лутфат нигоње. *** Илоњї, рањм кун ба ин шикаста, Ки роњи чорааш њар сўш баста. Надорад чорае љуз даргањи ту, Ки њастї марњами њар чони хаста. Тањияи Бобољони Шафеъ

www.ruzgor.tj


12

№13 (013) 28 августи соли 2013

Аз рўзгори орифон

www.ruzgor.tj

ЌИССАЊО АЗ РЎЗГОРИ ЭШОНИ СУЛТОН... (Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Хотимаи суњбат бо эшони Саидкабир

Эшони Абдубасир дар дохили туте, ки эшони Султон шинондааст. 13.08.2008 с. Султони Њамад, «Рўзгор» -Аз њамин падаратон эшони Саидањмад Шумо чанд нафар фарзанд њастед? -Ќиблагоњи мо се маротиба издивољ кардааст. Аз зани аввалаашон се духтар доштанд. Зани дуввумашон модари мо буд, духтари сўфї Абдурањим. Суфї Абдурањим муриди њазрати эшони Њољї (эшони Саидљалолиддин) буд. Худ низ муллои босавод буд. Аз њамин модарамон Бибињалима мо њашт писару ду духтар таваллуд шудаем: эшони Саидамир, эшони Сайидкабир, эшони Саидбашир, эшони Саидрањмон, эшони Саидбурњон, эшони Саидмўъмин, эшони Саидаслам, эшони Субњониддин. Духтарњо Бибикалону Бибиамрї ном доранд. Яъне, аз як модар 10 нафар њастем. Аз зани саввуми падарамон эшони Абдубасир, эшоне, ки дар Ёзѓанд зиндагонї мекунад, бародари ў эшони Мирзорањим ва чор духтари дигар таваллуд шудааст. Падарам васият карда буд, ки ўро дар њамон Ёзѓанд дар назди падару бобиву амакњояш ба хок супоранд. Вай медонист, ки ин кор сурат мегирад. Барои њамин њам њамин эшони Абдубасирро махсус барои дар њамон љо зистану нигоњубин кардани мазори аљдодон таълим медод, омода мекард. Бародари калонии эшони Абдубасир эшони Мирзорањим њам хондагиву донишманд аст. Модари ман ва зани аввалашон вафот кардаанд. Зани саввумаш, яъне модари эшони Абдубасир дар ќайди њаёт аст. Модари эшони Абдубасир духтари сўфї Нуруллоњ мебошад. Ў низ

www.ruzgor.tj

муриди эшони Њољї Саидљалолиддин мебошад. Дар замони таъќибњои НКВД хонаи сўфї Нуруллоњ љои амн буд ва дар њамон љо пинњон мешуданд. - Шумо гуфтед, ки боре дар хоб амакии падаратон њазрати эшони Султонро дидаед? -Бале, боре хоб мебинам, ки ба Ёзѓанд ба дидани њазрати эшони Султон рафтаам. Аввал њазратро дар хона пайдо намекунам. Њазрат ба дидани модарашон рафта будааст. Баъдан ба хона меояд, вале ман омаданашро намебинам. Мебинам, ки дар даруни хона њаст. Ба наздаш медароям. Рўяш бо лунгие бор карда шудааст. Ваќте лунгиро мегирад дунё рўшанї мекунад, ки аз ин рўшанї чашмњо хира мешаванд. Ва рўшанї аз гарданаш меояд. Ба фикри ман аз њамон љои гарданаш, ки бандњо ваќти ба дор кашида шуданаш онљоро бўѓї карда буданд. Њолати маро дида њазрати эшон ханда мекунанд. Ман бошам ќариб гуфтанї мешавам, ки "Э њазрат, тамоман ба падарам монанд будааст- ку? Њазрат хандида аз ман мепурсад, ки "њазрат чї њол дорад?". Хулоса дар њамин њолат будам, ки аз хобам бедор шудам. Баъди аз хоб бедор шудан дар вуљудам як фарању шодї, хурсандиеро эњсос кардам. Баъд назди худорањматии падарам рафтаму гуфтам: "Њазрати эшони Султон ба Шумо салом расонд". Ќиблагоњам танњо бо як табассуме аз ман пурсид: Билохира дидиш?". Гуфтам "Бале". Бояд як барзагов кушта ба мардум садаќа кунї, ки њазрат худашро ба ту нишон дод, гуфт падарам ва дигар дар ин мавзўъ чизе нагуфт. Як бори дигар Шайх Шањобиддини Валиро дар хоб

e mail: info@ruzgor.tj

дидам. Ин дафъа дар Ёзѓанд ин хобро дида будам. Ўро низ бо либосњои сафеди аз пари ќу њам нозуктар, монад ба буѓ буд, дида будам. Бо ў низ салом кардему ањволпурсї намудам. -Эшони Султон фарзанд дошт? -Эшони Султон, яъне амакии падарам, як духтар дошт, ки дар хурдсолї вафот кардааст. Эшони Сулаймон, яъне бародари эшони Султон, фарзанди писар надошт. Ё касе намондааст. Аз эшони Сулаймон як духтар монда буд. Авлоди њамон духтар то ба њол њастанд. Аз эшони Шорањматуллоњ, яъне амакии дигари падарам, низ як духтар боќї мондааст. Аз эшони Аловуддин, амакии дигари падарам, ду фарзанд монда буд. Эшони Мискин ва эшони Талбї. Ин ду эшон баъди ба Афѓонистон рафтани падарашон барои он ки мавриди тањќиру таъќиб ќарор нагиранд, ном ва фамилияњои худро дигар карда ба ќишлоќњои ўзбекнишин рафта, њамчун ўзбек зиндагонї карданд. Баъдњо пас аз тинљ шудани замона боз худро ифшо карданд. Дуъо мекарданд, ки омада дар байни хешу аќрабо бандагиро ба љо биёранд. Дуъои њардуяшон њам мустаљоб мешавад. Њарду дар пиронсолї ба назди хешу аќрабо баргашта дар байни онњо љон ба Њаќ месупоранд. Эшони Мискин дар њамин Душанбе ва эшони Талбї дар Яхакпаст рафта, вафот мекунанд. Эшони Мискин бисёр таќводор буд. Ман домодаш мешавам, вале боре њам хобравии ўро дар хонааш надида будам. Њамеша дар зикр медидам ўро. Фарзандонаш њамин гуна одамони хубанд. -Сабаб чї буд, ки эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњ ба Афѓонистон њиљрат карданд? -Баъди ба дор кашида шудани эшони Султон ва эшони Сулаймон аз тарафи Махсуми Фузайл њукумат эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњро ба та-

Б

эњсос карда ба њамин тарафњои Душанбе, ба њамин микрорайон 82-юм, ки он ваќтњо Љарќишлоќаш мегуфтанд, меоянд ва ба кори дењќонї машѓул мешаванд. Дар ин љо низ эњсос мекунанд, ки њукумат аз болояшон сахт назорат бурда истодааст. Баъзе аз дўстони дар њукумат будаашон онњоро њушдор медињанд, ки њамчун бародарони душманони халќ, яъне эшони Султон ва эшони Сулаймон, тройка шуданашон аз эњтимол дур нест. Бинобар ин наќшаи фирорро мекашанд. Гурехтан низ душворињое ба њамроњ дошт. Онњо наметавонистанд, ки зану фарзандонашонро бо худ бибаранд. Чунин як

П

АДАРАМ васият карда буд, ки ўро дар њамон Ёзѓанд дар назди падару бобиву амакњояш ба хок супоранд. Вай медонист, ки ин кор сурат мегирад. Барои њамин њам њамин эшони Абдубасирро махсус барои дар њамон љо зистану нигоњубин кардани мазори аљдодон таълим медод, омода мекард. Бародари калонии эшони Абдубасир эшони Мирзорањим њам хондагиву донишманд аст.

корро кардан хеле мушкил буд. Барои њамин њам эшони Аловуддин фарзандонашро ба Регар бурда ба дасти як муридаш бо номи усто Бањодур месупорад. Усто Бањодур фарзандони пирашро гирифта ба фамилия худаш Аюбов мегузаронад. Эшони Мискин ва эшони Талбии хурдтарак дигар дар хонаи ўзбекњо калон шуданд. Бояд гуфт, ки њамин минтаќа то Сурхондарё, Пахтаобод ва ѓайра њама мардумаш муридони шайхи Шањобиддини Валї ва эшони Султон буданд. Хулоса эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњ ният ме-

АЪЗЕ аз дўстони дар њукумат будаашон онњоро њушдор медињанд, ки њамчун бародарони душманони халќ, яъне эшони Султон ва эшони Сулаймон, тройка шуданашон аз эњтимол дур нест. Бинобар ин наќшаи фирорро мекашанд. Гурехтан низ душворињое ба њамроњ дошт. Онњо наметавонистанд, ки зану фарзандонашонро бо худ бибаранд. Чунин як корро кардан хеле мушкил буд.

рафи худ љалб карданд. Дар ин асос, ки "бародари бузурги Шумо, эшони Султонро Махсуми Фузайл ба ќатл расонд, шумо биёед, бо мо як шуда ќасоси бародаратонро бигиред". Тибќи баъзе маълумот эшони Шорањматуллоњро њатто Раиси ревкоми (комитети инќилобї) Ѓарм таъйин мекунанд. Вале пас аз муддате нисбати худ як нобоварии њукуматдоронро

ruzgor@mail.ru

занди Авлиё Мирзорањим мебошад. Бибии Чаќќон онњоро шаш моњ нигоњ медорад. Дар ин муддат эшони Аловуддин хонадор мешавад. Њоло аз њамин издивољ њам насл боќї мондааст. Хулоса, баъди шаш моњ боз кўшиши сарњадро гузаштан мекунанд. Ин дафъа пеш аз гузаштан эшони Њољї Саидљамолиддин гиряву нола мекунад ва мегўяд, ки дилаш барои фарзандонаш месўзад. Њарчї бодо бод, вай аз гузаштан худдорї мекунад. Яъне, ў бо њамроњии эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњ ба Афѓонистон намеравад. Ин таќрибан соли 1929 буд. Баргашта ба Њисор меояд. Ба гуфтаи падарам бобо-

кунад, ки ба Афѓонистон фирор кунад. Эшони Њољї Саидљамолиддинро низ бо худ мегиранд. Талош мекунад, ки аз ноњияи Маскав (њоло ноњияи Амир Саиди Њамадонї) марзро убур карда ба Афѓонистон раванд, вале корашон барор намегирад. Ба Ховалинг, ба дењаи Чаќќон, ба назди Бибии Чаќќон мераванд. Бибии Чаќќон духтари њазрати эшони Муњаммадобид, фар-

ям эшони Саидљалолиддин 12 сол пинњон шуда, дар навоњии гирду атрофи шањри Душанбе мегашт. Борњо кормандони амниятї бо бањонае, ки эшони Саидљамолиддин силоњ дорад ва ё омодагии љангро дида истодааст, ѓофилгирона ба хона омада, њама љои хонаву дарро мекофтанд. Хулоса, соли 1941 якчанд моњ пеш аз шуруъи Љанги Бузурги Ватанї ўро аз наздики собиќ бозор Баракат дастгир намуданд. Вале ба куљо бурдан дигар маълум нест. - Дигар аз эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњ чї хабар доред? - Даврони Иттињоди Шўравї буд. Аз эшонњои Авлиёи Чаќќон бо номи эшони Нуруллоњ аз Афѓонистон омад. Ба хонаи мо омада буд. Падарам бо ў вохўрда сўњбат кард. Бачааш њамон ваќт 14 сола буд. Эшони Саидмуњаммад ном дошт. Эшони Нуруллоњ аз наберањои Авлиёи Чаќќон мебошад. Ваќте ки шўравињо ба Афѓонистон њамла мекунанд, эшони Саидмуњаммад ба Покистон меравад ва баъд аз Покистон ба Арабистони Саъудї, ба Маккатуллоњ меравад. Ба мо хат навишт. Бо њамроњии падарам ба Маккатуллоњ рафтем. Моро хеле хуб пешвоз гирифт. Ба хонааш рафтем. Мењмондорї кард. Эшони Шорањматуллоњ дар Афѓонистон боз хонадор мешавад ва соњиби фарзанд мегардад. Њоло дар Тахори Афѓонистон яке аз наберагонаш генерал будааст ва китобе њам гўё дар бораи таърихи эшонњои Ёзѓанд доштааст. Инро эшони Абдусаид, аз гурезањои баъдї гуфт. Як нафари дигар гуфт, ки марќади эшони Аловуддин ва эшони Шорањматуллоњ дар Тахор мебошад. - Ташаккур барои суњбати хуб.


Варзиш дар рўзгор

Комёбии варзишгарони навраси тољик Шанбеи њафтаи гузашта дар шањраки Нанљинги Љумњурии Мардумии Чин маросими ботантана пўшидашавии Бозињои дуввуми осиёии наврасон баргузор гардид. Дар ќатори дувуним њазор варзишгари синнашон аз 14 то 18 сола, ки аз 45 кишвари ќораи Осиё гирдињам омада буданд, 9 варзишгари навраси кишвари мо низ дар чор намуди варзиш: дзюдо, вазнбардорї, шиноварї ва варзиши сабук дар ин мусобиќот ќувваозмої намуданд. Бояд гуфт, ки ду нафари онњо: гурзандоз Зоир Шералиев бо натиљаи 62 метру 44 сантиметр медали нуќра ва Фаррухи Салим, парчамбардори дастаи варзишї дар ин Бозињо дар гуштии дзюдо

дар вазни то 81 килограмм медали биринљї гирифтанд. Њамин тариќ Тољикистон бо касби ду медал: нуќра ва биринљї, њамчун дастаи давлати Ироќ дар байни 45 кишвари Осиё љои 22-юмро

www.ruzgor.tj

соњиб шуд. Воќеан дар ин Бозињо намояндагони 29 давлат соњибони медал гардиданд. Варзишгарони навраси Љумњурии Мардумии Чин бо касби 93 медал (46 тилло, 23 нуќра ва 24 биринљї) љои аввалро дар њисоби умумидастаї гирифтанд. Кореяи Љанубї бо 52 медал (25 медали тилло, 13 медали нуќра ва 14 медали биринљї) ва Љопон бо 18 медал (7 медали тилло, 5 медали нуќра, 6 медали биринљї) љои севвумро ба даст оварданд. Аз љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї Ќазоќистон бо 13 медал (1 тилло, 4 нуќра, 8 биринљї) љои 13-ум, Ўзбакистон бо 8 медал (1 тилло, 2 нуќра ва 5 биринљї) љои 14-умро гирифтанд. Кишвари њамзабони мо Эрон бо 8 медал (6 медали нуќра ва 2 биринљї) љои 20-ро ишѓол кард. Вале ба варзишгарони 16 кишвар, азљумла Афѓонистон ва Туркманистон, муяссар нашуд, ки аз ин Бозињо бо медал ба Ватани худ баргарданд. Мо ањли эљоди њафтаномаи «Рўзгор» њайати дастаи варзишгарони навраси тољикро бо ин дастовардашон табрик гуфта орзумандем, ки Худованди бузург комёбињои аз ин бењтару бузургтареро барояшон арзонї дошта бошад. «Рўзгор»

№13 (013) 28 августи соли 2013

13

Тавбаи насуњи Тайсон

Машњуртарин муштзани садаи охир дар ИМА Майкл Тайсон изњор дошт, ки акнун мехоњад аз истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир даст кашад, зеро аллакай њисс мекунад, ки дар остонаи марг ќарор гирифтааст.

Дар њайати дзюдочиёни Тољикистон Расул њаст, аммо на Боќиев Рўзи душанбеи 26-уми август дар пойтахти Бразилия шањри Рио де-Жанейро чемпионати љањон оид ба гуштии дзюдо дар соли 2013 оѓоз шуд. Нурулло Лоиќов, раиси федератсияи дзюдои Љумњурии Тољикистон дар суњбат ба хабарнигори «Рўзгор» гуфт, ки кишвари моро дар ин сабќат њайате иборат аз шаш нафар: ду нафар масъулини федератсия ва чор нафар варзишгарон намояндагї хоњанд кард. Дар форуми олии дзюдочиёни љањон варзишгарони маъруфи кишвар Расул Абдушарифов дар вазни 66 кило, Фарњод Рањимов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Муњаммадмурод Абдурањмонов дар вазни +100 кило ширкат хоњанд кард. Хабарнигори «Рўзгор» аз Нурулло Лоиќов сабаби дар ин њайат шомил нашудани дорандаи медали биринљии бозињои Олимпї, гуштигири маъруф Расул Боќиевро пурсон шуд. Ба иттилои раиси Федератсияи дзюдои љумњурї Расул Боќиев рељаи тамрини алоњидаи худро дорад ва ба сабаби омода набудан ба ин мусобиќот ба ин њайат шомил нагардид. Вале ба мусобиќаи байналмилалии Љоми Президенти Тољикистон, ки миёнањои моњи сентябри соли љорї дар Душанбе баргузор мегардад, ў даъват шудааст ва умед доранд, ки дар он ширкат хоњад кард. Чемпионати љањон оид ба дзюдо то якуми сентябри соли 2013 идома хоњад кард. «Рўзгор»

Се голи легионери эронї Њусейн Суњробї

Вай аз љумла гуфт: “Баъзан ман бачаи бад њам мешавам. Ман корњои бади зиёд кардаам ва мехоњам омурзида шавам. Ман мехоњам њаётамро дигаргун созам. Мехоњам њаёти солим дошта бошам ва мурдан њоло намехоњам. Ман дар остонаи марг ќарор дорам, зеро як майзадаи ашадиам. Ман ин рўзи шашум аст, ки на машрубот истеъмол кардам ва на мухаддирот. Ин шашумин рўзи ман аст. Ман дигар њаргиз намехоњам ба гузашта баргардам”,-иќтибос меорад USA Today аз суханони Тайсон. Ќањрамони мутлаќи љањон оид ба бокс дар миёни гаронвазнон Майкл Тайсон, ки 50 бозиро тўли умраш буридааст (44 нафарро бо накаут маѓлуб сохтааст) ва њамагї 6 бор маѓлуб шудааст, яке аз машњуртарин шахсиятњо дар таърихи ин навъи варзиш ба шумор меравад. Соли 1986 вай љавонтарин ќањрамони љањон буд. Он замон дар дуввумин тайми бозї яке аз чењрањои машњури олами бокс Тревор Бербикро зада афтонд ва ў маљоле наёфт, ки аз љо дубора бархезад. Соли 1992 барои таљовуз ба номуси «Маликаи Амрикои сиёњ», яке аз зангидухтарони ИМА, ў ба зиндон мањкум мешавад. Дар мањбас дини мубини исломро ќабул карда ба худ номи мусалмонии Малик Абдулазизро мегирад. Малик Абдулазиз соли 2010 ба зиёрати хонаи Худо дар Маккатуллоњ мушарраф мегардад. Ахиран хабаргузорињои ИМА иттилоъ додаанд, ки ин боксёри машњур аз корњои бади кардаи хеш изњори пушаймонї намуда азм кардааст, ки дигар дар оянда аз чунин аъмол худдорї намояд. Дуо мекунем, ки Худои бузург ўро тавфиќ дињапд. «Рўзгор»

Имрўз, 28-уми августи 2013, се бозии охирини љавобии даври њаштякнињої барои Љоми футболи Тољикистон баргузор мегардад. Дастаи «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров дар Бохтар бо дастаи «Бохтар», дастаи ноњияи Рўдакї «Кўктош+С» дар шањри Истаравшан бо дастаи «Истаравшан» ва дастаи «Истиќлол» дар Душанбе бо дастаи «Хуљанд» аз шањри Хуљанд ќувваозмої менамоянд. Дар бозињои нахустини даври њаштякнињої рўзи 24-уми август дастаи «Истиќлол» дастаи «Хуљанд»-ро дар шањри Хуљанд бо њисоби 5:0 маѓлуб сохта буд. Ба иттилои сайти расмии Федератсияи Футболи Тољикистон (ФФТ) дар ин бозї се тўбро ба дарвозаи Хуљанд легионери эронї Њусейн Суњробї задаст. Ду голи дигарро Дилшод Восив ба нишон расондааст. Бояд гуфт, ки ин нахустин бозии расмии дастаи «Истиќлол» аст, ки тањти рањбарии сармуррабї Олег Ширинбеков, собиќ бозингари дастаи овозадори «Помир» баргу-

зор гардид. Худи њамон рўз дастаи «Истаравшан» дар бозии нахустини њаштякфиналии худ дастаи «Кўктош + С» - ро бо њисоби 3:0 маѓлуб сохт. Бозии байни дастаи «Бохтар» ва «Парвоз» 1:1 анљом ёфт. Дар бозињои дигари нахустини њаштякнињої, ки рузи 23-юми август баргузор гардиданд, дастаи ССКА «Помир» (Душанбе) дастаи «Регар ТадАЗ (Турсунзода)-ро боњисоби 1:0, «Энергетик»-и Душанбе дар сафар «Нури Норак»-ро бо њисоби 3:0, «Эсхата»-и Хуљанд «Зарафшон»-и Панљакентро бо њисоби 1:0 маѓлуб

сохта буданд. Дастаи «Вахш»Ќурѓонтеппа дар майдони худ бозиро бар дастаи «Хайр»-и Вањдат бо њисоби 1:2 бохт. «Равшан»-и Кўлоб бошад дар Истаравшан бозиро бо дастаи «Далерони Ўротеппа» 1:1 мусовї анљом дод. Соњибони роњхат ба чорякнињої дар бозињои љавобии њаштякнињої, ки рўзњои 27 ва 28-уми август баргузор мегарданд, маълум хоњад шуд. Дар ин бора дар шумораи ояндаи њафтанома ба шумо, хонандагони азиз, маълумот хоњем дод. «Рўзгор»

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


14

И

№13 (013) 28 августи соли 2013

Таљрибаи рўзгор

www.ruzgor.tj

НСОН табиатан кунљков аст. Мехоњад чизњои зиёдеро донад, ки алоќаманд ба зиндагии ўст. Бахусус, дар бораи сињативу саломатї. Дар ин замоне, ки беморињои гуногун рў ба рушд меоранд, масоили тиббї беш аз њар ваќти дигар инсонњоро безобита мекунанд ва мехоњанд хеле чизњоеро донанд, то аз гирифторї ба беморињо љилавгирї намоянд. Ва на фаќат дар бораи тибб. Аз олами фарњанг, сиёсат, фалсафа, маориф, дин суолоти зиёде дар сармон чарх мезананд, ки мехоњем посухњои илмиву асоснок дошта бошем. Тољикистон чун кишвари соњибистиќлол дањњо вазорату кумитаву муассисањои илмиву фарњангї дорад, ки куллан аз фаъолияти онњо мардум хабар надоранд. бояд дар як сол 180 рўз љўшида шаванд. Аммо ин талабот риоя намешавад ва корхонањои тавлиди шир барои афзудан ба мањсулнокии говњои ширдењ бо хўрокињое таъмин месозанд, ки дар таркибашон гармонњои мухталиф доранд. Ва собит њам шудааст, ки гармонњо на њамеша фоидаоваранд ва дар аксар маврид муљиби ба беморињои ѓадуд печидани њайвонот мегарданд. Ин пажуњишњо нишон додаанд, ки чун дар таркиби шири гов равѓан зиёд аст, метавонад сабабгори печидани истеъмолкунанда ба бемории атеросклероз барои одам гардад ва дар нињояти кор сактаи дил шудан њам эњтимол дорад. Гуфта мешавад, ки дар як пиёла шир таќрибан 10 фоизи меъёри шабонарўзии холостерин љойгир шудааст. Аз сўи дигар ин олимон бар ин назаранд, ки шир њам метавонистааст сабабгори ба вуљуд омадани беморињои бодигармї (аллергия) гардад. Вале ин маъ-

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "Рўзгор" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед. Магар зарурате нест, ки аз ин гуна фаъолиятњо суол шавад ва посух дарёфт кунанд? Ин миллати куњанбунёд садњову њазорњо нобиѓа ба тамаддуни башарї додааст. Магар љоиз нест дар бораи њар кадоми онњо ва сањмашон дар рушди тамаддуни башарї маълумоти мухтассар дошта бошад? Тољикон дар њељ замоне љангљўву пархошгар набуданд, вале мењандўсту ќањрамон буданд. Оё на ваќти он аст, ки ќањрамонони худро бишносанд ва онњоро ќадршиносї кунанд? Мо ин гўша, яъне "Пурсишеву посухе"-ро ба њамин ният боз кардем, то минбари мову шумо, як воситаи иртиботи њамешагии "Рўзгор" бо хонандагонаш бошад. Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "Рўзгор" ruzgor@hotmail.com ва телефонњои 907-91-59-34 ё 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед. Њоло дар ин бахш аз миёни суолоте, ки дар силсиланомањои расида омада буданд, ба ин се суол посух мегўем ва умедворем бо ширкати хонандагон ин сањифаи "Рўзгор" аз серхонандатарин ва шавќовартарин сањифањо хоњад буд. Мо ба танњої коре наметавонем кунем, агар дастгирї ва номањои Шумо азизони хонанда набошад.

www.ruzgor.tj

МАГАР ИСТЕЪМОЛИ ШИР ЊАМ ЗАРАР ДОРАД? Пештар дар бораи фоидаи истеъмоли шир ба организм зиёд менавиштанд ва њатто медонем, ки дар ин бора дањњо рисолаву маќолаи илмї низ нашр шудаанд. Вале ваќтњои охир гоњу ногоњ мо дар бораи зарари истеъмоли пайвастаи мањсулоти ширї маќолањо мехонем. Магар исбот шудааст, ки шир њам ба инсон зарар дорад? Муњиддин Одинаев, сокини Бохтар

В

ТАРСИ НАШЪАМАНДШАВИИ ТИФЛИ БЕХОБ ДАР ОЯНДА АЗ КУЉОСТ? Писараки чормоња дорам ва хеле муддат аст, ки аз бехобї азият мекашад. Пайваста бо духтурон дар иртибот њастам. Вале шунидам, ки ин бехобї таъсири баде ба ояндаи тифл доштааст ва њатто мегўянд боиси дар оянда ба нашъамандї барин одатњои бад љалб шудани ў мешавад. Магар чунин бошад? Моњсафар, Ќўрѓонтеппа

а њоло баъзе назарњо дар ин заминаро истинодан ба маљаллаи "Наш мир", чопи Маскав пешнињод мекунем. Ин маљалла ахиран навиштааст, ки истеъмоли аз меъёр зиёди шир ва мањсулоти ширї, бино ба пажуњиши олимон, гоњо мушкилоте ба инсон меорад. Ва яке аз сабабњои инро риоя нашудани талабот ба истењсоли шир медонанд. Масалан, собит шудааст, ки аслан говњо бояд дар як сол 180 рўз љўшида шаванд.

"Рўзгор": Албатта, то њол касе даќиќан собит накардааст, ки истеъмоли шир бар замми он ки фоида дорад, боз зарар њам дошта метавонад. Мо суоли Шуморо ба касоне, ки саргарми пажуњиши илмии истеъмоли шир њастанд, пешнињод мекунем ва умедворем ваќтњои наздик посухи илмиро њам интишор медињем. Ва њоло баъзе назарњо дар ин заминаро истинодан ба маљаллаи "Наш мир", чопи Маскав пешнињод мекунем. Ин маљалла ахиран навиштааст, ки истеъмоли аз меъёр зиёди шир ва мањсулоти ширї, бино ба пажуњиши олимон, гоњо мушкилоте ба инсон меорад. Ва яке аз сабабњои инро риоя нашудани талабот ба истењсоли шир медонанд. Масалан, собит шудааст, ки аслан говњо

e mail: info@ruzgor.tj

нои онро надорад, ки инсон бояд даст аз истеъмоли шир бардорад. Пажуњиш таъкид ба истеъмоли аз меъёр зиёд дорад. Ва дар њаќиќат њар чиз як меъёри хоси истеъмол дорад, риоя нашудани он боиси мушкилот ба организм шуда метавонад. Ва таъкид мекунем: ин бардошт аз маќолае буд, ки "Наш мир" чоп кардааст. Посухи олимони тољикро баъдан интишор хоњем дод.

ruzgor@mail.ru

"Рўзгор": Наметавон фикри ќотеъ дар ин бора иброз дошт, аммо тањќиќотњое ахиран рўи кор омадаанд, ки ишора ба таъсири манфии бехобии кўдакона дар наврасї доранд. Муњаќќиќони Донишгоњи штати Мичигани ИМА муддати 10 сол 267 кўдакро омўхтаанд ва ба хулосае боло расидаанд. Дар аввали тањќиќот аз волидони атфол дар бораи хоби онњо дар тифлї суол кардаанд ва њар посухро дар парвандаи ў навиштаанд. Дар 11- солагї ширкаткунандагони пурсиши тањќиќотї аз зинаи дигари тањќиќот гузаштаанд. Дар ин зина олимон аз рўи як силсила тестњои равонї атфолро пурсидаанд ва дар бораи интелект, таваљљўњ ва хотираи онњо маълумот љамъ кардаанд. Ва билохира дар синни 14-солагї пурсиши охирин гузаронидаанд ва ин бор олимон кўшидаанд аз тарзи њаёти онњо маълумот дастрас кунанд. Ва чуноне пажуњиш нишон додааст, наздик ба њар сеюмин шахси дар пурсиш иштироккарда дар гузашта мушкилот бо хоб доштааст. Ва мањз аксарияти њамин кўдакон майл ба нўшокињои спиртї ва сигор кардаанд. 75 дар сади сигоркашон аз миёни њамсолони дар пурсиш иштироккарда бачањое буданд, ки дар тифлї ранљи бехобї кашидаанд. Олимон дар ин бачањо мушкилот дар раванди тањсилро низ ба мушоњида гирифтаанд ва мегўянд аксари онњо раѓбат ба дарсњо надоштанд ва хотироташон низ дар ќиёс ба дигарон заъф дошт. Аммо бо вуљуди ин олимон ба хулосаи ќатъї наомадаанд, ки воќеъият мањз чунин аст. "Яќинан, вайроншавии низоми хоб, ки хоси тифлон аст, худ аз худ наметавонад сабаби сар задани мушкилот дар синни наврасї гардад, - мегўяд дар шарњи ин роњбари тањќиќот доктор Роберт Сукер.- Ман фикр мекунам, ки мо ба кадом як вайроншавии неврологие рў ба рў шудаем, ки нишони он бехобї чун майли равонї дар синну соли баъдї аст. Вале њоло ин њамагї як тахмин аст ва на чизе аз ин беш". Ва ба модари азиз, ки фарзандашон шояд ба бехобї рў ба рўст, маслињат медињем, ки алњол набояд ба ин андеша дода шаванд, ки агар тифл бехоб аст, пас вай чун нашъаманд ба воя мерасад. Ин гуна афкор комилан ѓалат аст. Вале маслињат он аст, ки зуд пайи табобат шаванд, вагарна бехобї дар њамин синну сол њам метавонад мушкилоти равонї ва асабї ба бор орад.


Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

№13 (013) 28 августи соли 2013

15

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР "ИН ЧИ ИШЌЕСТ, КИ ДАР ДИЛ ДОРАМ" Дар албоми "Дилакам" Ањмад Зоњир таронае дорад бо номи "Ин чи ишќест, ки дар дил дорам", ки бар пояи шеъри "Дидори талх"-и Фурўѓи Фаррухзод эљод шудааст. Шеъри Фурўѓи Фаррухзод аз ёздањ банди чормисрагї иборат аст:

Дар дилам орзуе буд, ки мард, Лаби љонбахши туро бусидан, Бўса љон дод ба рўи лаби ман, Дидамат, лек дареѓ аз дидан

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Султони Њамад, «Рўзгор»

Синае, то ки бар он сар бинињам, Домане то ки бар он резам ашк. Оњ, эй он ки ѓами ишќат нест, Мебарам бар туву бар ќалбат рашк. Ба замин мезаниву мешиканї Оќибат шишаи умеди маро. Сахт маѓруриву месозї сард Дар диле оташи љовидониро. Ањмад Зоњир се банди ин шеърро ба сурудаш љой додааст: Бандњои дуввум, чорум ва шашумро. Ба њайси оѓози суруд ва наќароти он Ањмад Зоњир банди чоруми шеърро интихоб кардааст. Аммо љойњои мисраъњои ин бандро Ањмад Зоњир дар тафовут аз он чи ки шоира навиштааст дар таронааш таѓйир дода ба ин тарз мехонад:

Ба замин мезаниву мешиканї Оќибат шишаи умеди маро. Сахт маѓруриву месозї сард Дар диле оташи љовидониро. Дидамат вой, чї дидоре, вой, Ин чї дидори дилозоре буд. Бегумон бурдаї аз ёд маро, Ки маро бо ту сару коре буд.

Ин чї ишќест, ки дар дил дорам? Ман аз ин ишќ чї њосил дорам? Мегурезї зи ману дар талабат, Боз њам кўшиши ботил дорам.

Дидамат вой, чї дидоре, вой, На нигоње, на лаби пурнўше, На шарори нафаси пурњавасе, На фишори бадану оѓўше.

Бисёре аз шеършиносон бар ин назаранд, ки ин љойивазкунии мисраъњо дар њамин банд заррае ба мантиќи шеър халал ворид накардааст. Баръакс, маќсад боз фањмотар шудаст. Њастанд нафароне, ки дар ин мавзуъ назари дигар доранд. Ањмад Зоњир њангоми сароидани ин тарона баъди наќарот банди дуввуми шеърро мехонад ва дар охир банди шашумро месарояд. Оњанги тарона эљоди худи Ањмад Зоњир аст. Дар навохтани оњанги тарона аз синтезатор, дилрабо ва табла барин асбобњои мусиќї истифода шудааст. Давомнокии суруд чањор даќиќаву 21 сония мебошад. Варианти дигари ин суруд низ мављуд аст. Онро Ањмад Зоњир якљо (дугона) бо шогирдаш Ањмад Валид сурудааст. Давомнокии суруд 3 даќиќаву 44 сония мебошад.Оњанги таронаро бо синтезатор, саксафон, табла навохтаанд. Дар сурудани матн низ ки таќрибан тайироте нест. Ба љуз он ки дар мисраи аввали банди охири суруд ба љои калимаи "карда" Ањмад Валид "созад" хондааст. (Идома дорад)

Ин чї ишќест, ки дар дил дорам? Мегурезї зи ману дар талабат, Ман аз ин ишќ чї њосил дорам? Боз њам кўшиши ботил дорам. Боз лабњои аташкардаи ман, Лаби сўзони туро мељўяд, Метапад ќалбаму бо њар тапиш, Ќиссаи ишќи туро мегўяд. Бахт агар аз ту људоям карда, Мегўшоям гирењ аз бахт, чї бок! Тарсам ин ишќ саранљом маро, Бикашад то ба сари пардаи хок. Хилвати холиву хомўши маро, Ту пур аз хотира кардї, ай мард! Шеъри ман шуълаи эњсоси ман аст, Ту маро шоира кардї, ай мард! Оташи ишќ ба чашмат як дам, Љилвае карду суробе гардид, То маро волаву бесомон дид, Наќши афтода бар обе гардид.

ДАРУ ТИРЕЗАЊОИ ПЛАСТИКЇ

АЗ МАСОЛЕЊИ БАЛАНДСИФАТИ ТУРКЇ

СИФАТИ АЪЛО, НАРХИ ДАСТРАС, МУЊЛАТИ КЎТОЊ

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


16

№13 (013) 28 августи соли 2013

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ w ЉАМЪИЯТИИ w w . r u z g o r«РЎЗГОР» .tj

Рангинкамон

www.ruzgor.tj

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД Веростор: Љањонгири СУЛТОН

ruzgor@mail.ru

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 Нашрия дар чопхонаи «Мушфиќї» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.

Рузгор №13 28 08 13  
Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you