Issuu on Google+

Тçíîìà àç ìî³è ñåíòÿáðè ñîëè 2008 íàøð ìåøàâàä

МАКТАБИ НАВ ДАР МАЊАЛЛАИ “ЧАШМАИ АРЗАНА” Раиси вилоят Ќоњир РасулРасулзода аз Коллељи техникии Тољикистону Русия, ки дар минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» таъсис ёфтааст, дидан кард. Раиси вилоят баъди боздид аз синфхонањои Коллељи техникї аз сифати корњои таъмиру таљдид изњори ќаноатмандї намуд. Коллељи мазкур филиали Донишкадаи техникии Москва буда, дар навбати

аввал имкони ба тањсил фаро гирифтани 70 - 80 нафарро доро аст. Тасмим гирифта шудааст, ки дар инљо аз рўи 14 ихтисос, аз љумла барќчї, кафшергари барќї ва газї, устои тармими мошин, ошпаз, пешхизмат ва ѓайра мутахассис таёр карда шуда, дарсњои амалии донишљўён тибќи ќарордоди мављуда дар шањрњои Федератсияи Русия гузаронида мешавад. Раиси вилоят њамчунин аз фи-

лиали китобхонаи вилоятии ба номи Т. Асирї, ки дар ин коллељ фаъолият мебарад ва дар он беш аз 15 њазор китобњои гуногунсоња гирдоварї шудааст, дидан кард. Сипас, Раиси вилоят бо корњои азнавсозї дар собиќ бинои ташхисии боѓи ботаникии шањри Хуљанд, ки ќарор шудааст ба мактаб табдил дода шавад, шинос шуд. Ин бино, ки солњо инљониб аз фаъолият бозмонда буд, пас аз корњои тармиму таљдид дари худро ба рўи хонандагон боз хоњад кард. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи замонавї мегардад. Дар навбати аввал ќабули 540 хонанда ба наќша гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин бор-

гоњи илму маърифат мактабиёни Чашмаи Арзана ва мањаллањои гирду атроф ба тањсилу тадрис фаро гирифта мешаванд. Раиси вилоят аз синфхонањое, ки њанўз корњои тармиму таљдид идома доранд, дидан карда, барои бунёди толори варзишї, синфхонањои компутарї ва ташкили синфхонањои махсус барои гурўњњои раќсиву њунарї ва муљањњаз намудани онњо ба масъулин супоришњо дод. Тасмим гирифта шудааст, ки ин мактаб дар арафаи соли нави тањсил, моњи сентябр ба истифода супорида шавад. ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД ДАРСИ ШУЉОАТ

МО ТОЗАБАЊОРИ ГУЛНИСОРИ ВАТАНЕМ

Бо иштироки Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Каримов бо маќсади тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси ниёгон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 «Дарси шуҷоат» дар мавзӯи «Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем» баргузор гардид. Собиқадорони ҷангу меҳнат ва зиёда аз сад нафар хонандагони синфҳои болоӣ, сарварону омўзгорони мактабњои шаҳр дар ин дарс иштирок карда, сабаќи бузурги маънавї бардоштанд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов бо суханронии пурмуњтаво аз диловарию қаҳрамониҳои родмардони Ватан дар он солҳои мудњиш ёдовар гардида, насли ҷавони замони истиқлолро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ даъват карда, таъкид намуд, ки: «Мардуми озодихоњи тољик дар радифи халќњои дигари љањон санаи 9-уми Май Рўзи Ѓалабаро таљлил менамояд. Вале бояд ќайд намуд, ки ин санаи таърихї ба халќи олам сабаќњои муњими сиёсиро тарѓиб менамояд. Ќабл аз њама, истодагарї ва музаффарияти мардуми Иттињоди Шўравї дар Љанги Бузурги Ватанї бегумон њосили ватандўстии сидќидилона ва вањдату њамдилии халќњо ба њисоб рафта, мутаас-

сифона, боиси њалокати бештар аз 25 млн. мардуми Шўравї ва беш аз 30 млн. халќњои дигари олам гардидааст. Оќибатњои дањшатбори ин љанги хонумонсўзро то њанўз дар сањифањои таърих бо нафрат ба фашистони немис ба забон меоранд. Иди Ѓалаба бар фашизм аз як љониб агар љашни пурифтихор бошад, аз љониби дигар инсониятро огоњ месозад, ки барои таќдири сулњи оламгир бањри оромию осоиштагї масъулияти баланд зоњир намоянд. Бузургтарин сабаќе, ки аз дањшати ин љанги хонумонсўз бармеояд, ин зарурати таъмини сулњу вањдат ва ризоияти миллї мебошад. Набояд фаромўш кард, ки оташи хонумонсўзи љанги шањрвандии солњои 90-уми асри гузашта, ки дар кишвари мо сар зад, мањз ба василаи поягузории иттињоду вањдат, њамдигарфањмї, ризоияти миллї ва маърифати фарњанги сулњ бартараф гардид. Пирўзї дар Љанги Бузурги Ватанї бар иловаи он ки ањамияти бузурги таърихї ва сиёсї дошт, боз барои башарият собит сохт, ки халќњою миллатњои гуногун сарфи назар аз љањонбинии сиёсї, идеологї ва мазњабиашон агар муттањид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд њар гуна нерўи бадхоњи инсониятро саркўбу маѓлуб созанд. Даврони соњибистиќлолии Тољикистони азизамон љомеаи кишварро ба сўи ояндаи дурахшон њидоят менамояд. Мардуми зафарпешаву мењнатќарини мо бо њидояту рањнамоии Президенти кишварамон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар роњи тањкими сулњу вањдат, рушди иќтисодиёту фарњанг, маорифу тандурустї, кишоварзї, саноат, барои рањої ёфтан аз бунбасти коммуникатсионї, таъмини истиќлолияти энергетикї бањри шукуфоии кишвар ќадамњои устувор мегузорад. Пешрафти љањони муосир таќозо дорад, ки њар инсони соњибмаърифат фарњанги баланди касбї, забондониву љањоншинос бошад. Зеро, пешрафти босуръати илму техника, зуњури самтњои нави илму њунар ва умуман ноил шудан ба њама гуна дастовардњои баланд аз сатњи донишандўзии наврасону љавонон, аз омўзиши касбу њунарњои љавобгўи талаботи замони муосир вобастагии ќавї дорад. Бо ин назардошт дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољики-

стон таъкид шудааст, ки рушди тараќќиёти мамлакат пеш аз њама ва бевосита ба саъю талоши насли созандаву эљодкор алоќаманд аст. «Мо вазифадорем, ки ба хотири њифзи истиќлолияти давлатамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иќтисодиву иљтимоии кишварамон сиёсати давлати худро бо дарназардошти манфиатњои миллї, имконияту захираҳои воќеї, таљрибаи давлатдории миллї ва тибќи меъёрњои пазируфташудаи байналмилалї тањия ва роњандозї намоем»- омадааст дар Паёми Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон. Маќомоти иљроияи Њокимияти давлатии вилоят ва шањрамон бо дарки амиќи њадафњои маорифпарваронаи пешгирифтаи роњбарияти кишвар имрўзњо масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, ободонии таълимгоњњо, тањкими пояи моддиву техникии муассисањои таълимиро дар мадди аввал ќарор додааст». Дар рафти «Дарси шуҷоат» толибилмон дар бобати корнамоиҳои беназири халқи тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг саволҳо дода, аз Раиси шаҳр ва иштирокчиёни набард ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар фарҷом дар вазъияти тантанавї ба иштирокчиёни љангу мењант, хонандагони фаъол ва устодони фаъолу эљодкор тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд. Нўъмон РАЉАБЗОДА

¹05 (45) 22 ìàéè ñîëè 2013

ИЛЊОМБАХШ ВА РОЊНАМОИ ОМЎЗГОРОН Миллати тољик њамасола бо рўњ ва нерўи ќавї зиндагии худро хубтару бењтар месозад ва маншаи он њидоят аз роњба рии солими Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аст. Бешак, њар Паёми Президенти кишвар мардуми тољикро ба сўйи уфуќњои тоза ва пурбори зиндагї роњнамо мешавад. Паёми имсолаи Президенти кишвар навиди худсозї ва худогоњї аст, ки бар асоси он миллат худро рушд медињад, худро камол мебахшад. Президент дар Паёми имсолаи хеш ба тарбияи маънавию ахлоќии љомеа, баланд бардоштани њисси худогоњї ва худшиносии љавонон, дар рўњияи пурнаљобати ифтихори миллию мењанпарастї тарбия кардани наврасон эътибори љиддї доданд. Паёми имсолаи сарвари давлат, ки саршор аз ѓамхорї ба мардуми љумњурист, мо, омўзгоронро ба ояндаи нек рањнамун сохта, чун ќутбнамо роњи моро мунаввар месозад. Президенти кишвар рушди соњаи маорифро яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат эълон даштааст. Ў ќайд мекунад, ки сифати таълиму тарбия дар муассисањои таълимї бояд пайваста боло равад, ба талаботи тањсилот дар кишварњои пешрафта ва бозори мењнати ватанию хориљї љавобгў бошад. Мо ањли љомеаи омўзгорони мактаб њар нуктањои Паёмро бо хушнудї ва шукргузорї аз соњибистиќлолияти Ватанамон хонда, аз он як љањон маъно бардоштем. Дар Паём чунин омадааст: «Мо бояд дар зењну шуури насли наврас ва љавонони мамлакат њисси баланди миллї, эњсоси худшиносиву ватандўстї, ахлоќи њамида, эњтироми падару модар ва калонсолон, сабру тањаммул, омўзиши илму дониш ва риояи волоияти ќонунро тарбия намоем, то онњо дар оянда њамчун фарзанди шоистаи мо кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба љањониён муаррифї карда тавонанд». Ичунин боз зикр шудааст, ки масоили таълиму тарбияи босифат ва бомасъулияти насли љавони кишвар дар руњияи ватандўстї, худогоњї, эњтиром ба њуќуќу озодихоњии инсон дар кори тарбия мавќеи калон дорад. Инчунин дар ин њуљљати муњим чун солњои пешин ба масъалаи ѓамхорї дар њаќќи мардум ањамияти калон дода шудааст. Шодиовар он аст, ки аз моњи сентябр сар карда, музди маоши коркунони соњаи маориф ба таври ќобили мулоњиза 30% баланд бардошта мешавад. Ин бори дигар нисбат ба соњаи маориф ѓамхор ва дастгири омўзгорон будани сарвари давлатамонро нишон медињад. Сарвари давлатамон Эмомалї Рањмон дар баромади худ ќайд мекунад, ки «инсон падидаи тарбиятї» мебошад ва њамон кишваре нерўманду пешрав хоњад буд, ки инсонњои хуб тарбиядида дошта бошад. Роњбари соњибхиради мо такрор ба такрор таъкид менамояд, ки муњимтарин, писандидатарин фазилати њар як шахс пеш аз њама худшиносоию худогоњї, ватанпарварию ватандўстист. Бале чунин аст ва дар ин љода мо, омўзгорон масъулияти зиёд ба дўш дорем. Бояд бикўшем, ки шогирдонамон Ватани хешро самимона дўст доранд ва азми он дошта бошанд, ки фардо дар ободии он, дар пе��рафти иќтисодию иљтимоии он њиссагузор гарданд. Њамчунин Паёми Президенти кишвар Эмомалї Рањмон моро дастур медињад, ки бояд таваљљўњи хонандагонро ба омўзиши технологияи навин, забони модарї, забони хориљї бештар љалб кунем. Хулоса, Паём илњомбахш ва роњнамои мо – масъулини соњаи маориф буда, љавобан ба он ният дорем, ки наќшаи нави кориамонро ба он мутобиќ карда, дар тарбияи насли наврас сањми арзанда гузорем. О.А.АБДУЌОДИРОВА директори МТМУ №15 ба номи Ќодир Рањимови шањри Хуљанд


2

№05 (45)

ÕÈÐÀÄ ÀÔÑÀÐÈ ØÀ²ÐȨÐÎÍ ÁÓÂÀÄ, ÕÈÐÀÄ ÇÅÂÀÐÈ ÍÎÌÄÎÐÎÍ ÁÓÂÀÄ.

22.05.2013

ПИРЎЗИИ ДАСТПАРВАРОНИ ЛИТСЕЙИ ТОЉИКИЮ ТУРКИИ ШАЊРИ ХУЉАНД

ДАР ДИЛУ ДИДАЊО «М УАЛЛИМ

АЌЛ , ШАРАФУ ВИЉДОНИ ЉОМЕА ВА

СИМОИ АСОСИИ ОН МЕБОШАД .

В АЙ

ДОНИШУ ЗАКО -

ВАТ , ГАРМИИ ДИЛИ ХУДРО БЕДАРЕЃ БА ФАРЗАНДОНИ ХАЛЌ МЕДИЊАД ВА ХУДРО ХУШБАХТ МЕЊИСОБАД .»

ЭМОМАЛЇ РАЊМОН Зане, ки њоло дар борааш наќл карданием, тамоми њаёту њастиашро ба хизмати халќи азизаш, тарбияи ворисони арзандаи миллат, гул-гулшукуфии мењанаш бахшидааст. Зиндагинома ва фаъолияти мењнатии ў мактаби омўзиш аст, мактабе, ки пайрањањои рањнамунсоз дорад. Инсони бомаърифат, накўному нексиришт, тарбиятгари асилу поквиљдон Махфират Њакимова аз зумраи он инсонњоест, ки худ месўзаду роњи шогирдонро равшан месозад. Омўзгор шудан, омўзгори асил будан шарафест бузург. Чун зани боиффат, поксиришт дар зиндагии пуршўру шарар мавќеи хешро ёфта, дар таълиму тарбияи насли наврас мењнати њалол менамояд. Махфират Њакимова омўзгори фанни геграфия ва биология буда, собиќаи кори 36-сола дорад. Ў сазовори тахассуси дараќаи олї, Аълочии маорифи Тољикистон, дорандаи ифтихорномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, Ифтихорномањои Њукумати шањри Хуљанд, Иттифоќи касабаи коркунони маорифи вилояти Суѓд, шўъбањои маорифњои вилоятию шањрї, мудирияти кулли литсейњои муштараки тољикию туркї ва литсей-интернати муштараки тољикию туркии шањри Хуљанд мебошад. Дарсњои Махфират Њакимова њамеша дарси кушод аст. Маслињатгари омўзгорони љавон буда, доимо бо онњо њамкорї менамояд. Ба дарсњои муаллима аз Душанбе аз Дастгоњи мудирияти кулл методистони намоён ва варзида Ятимов Абдуќодир, сарварони мактабњои шањри Хуљанд, љонишинони сарварон, омўзгорони фанни геграфияи макотибњои шањру ноњияњои вилоят ва мушовирони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи вилоят иштирок намудаанд. Њамчун лектор дар курсњои такмили ихтисоси омўзгорони фанни геграфия лексияњои пурмазмун ва шавќовар аз љињати илмї баландмазмун мехонад ва нисбати муаллима шунавандагон ба худ хотирањои нек гузоштаанд. Маѓфират Њакимова инсонест, ки њамеша ба шоњроњи дурусти зиндагї рањнамун кардани шогирдон марому маќсади ягонааш мањсуб мешавад. Тўйчибой ИБОДУЛЛОЕВ, Мавлудахон РЎЗИЕВА

Литсейи муштараки тољикию туркї дар шањри Хуљанд аз соли 1997 инљониб фаъолият дорад. Дар лит сей тамоми шароиту имконияњои мумуосири таълиму тарбия фароњам оварда шудааст. Сарварии литсейро омўзгори фаъолу эљодкор, Аълочии маорифи Тољикистон Хуршед Каримов ба ўњда дорад. Литсей дорои 19 синфхона, 2 њуљраи озмоишї, синфхонаи комютерї, китобхона бо фарогирии беш аз 11 837 нусха китбњои дарсию бадеї ва толори хониш, ошхона ва бунгоњи тиббї мебошад. Литсей бо воситањои навтарини электронии таълим муљањњаз гардонида шудааст. Тањсил дар литсей ба забонњои тољикї, русї, англисї ва туркї љараён гирифта, ба толибилмон фанњои даќиќ ва забони англисї ба таври амиќ омўзонида мешавад. Ба таълиму тарбияи 416 нафар хонандагон 35 нафар омўзгорони соњибтаљрибаю бомањорат, ки аз ин миќдор 8 нафарашон муаллимони Туркия мебошанд, машѓул њастанд. Дастпарварони литсей аз рўзи таъсисёбї дар даври вилоятии Олимпиадаи фанни хонандагон ба гирифтани зиёда аз 200 љой ва даври љумњуриявї сазовори 35 маќоми ифтихорї гардидаанд. Дар олимпиадањои байналмилалї бошад, шогирдони литсей борњо соњиби љойњои ифтихорї гашта, шарафи мактабу шањрро баланд бардоштанд. Дар озмунњои лоињасозии байналхалќї дар кишварњои Гурљистон, Озорбойљон, ИМА ва Туркия, танњо дар соли хониши гузашта 4 лоињаи хонандагони литсей сазовори медалњо гардидааст. Аз давраи оѓози фаъолияти литсей то имрўз онро 430 нафар хонандагон хатм намудаанд, ки аз онњо 80 нафарашон духтаронанд. Дастпарварони литсей баъди хатми он

дар кишварњои Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Чин, Индонезия, Чехия, Туркия, Кипр, Миср, Канада, Англия, ИМА, Австрия, Олмон ва Арабистон тањсил намуда, як ќисми онњо соњиби маълумоти олї гашта, фаъолияти назарраси худро дар хориљ ва дохили мамлакат идома дода истодаанд. Солњои охир шогирдони литсей бо комёбињои шоиста ва дастовардњои назаррас муаррифгари воќеии Тољикистон дар арсаи байналмилал мегарданд. Толибилмони литсейи муштараки тољикию туркии шањри Хуљанд дар озмунњои љумњуриявї ва байналмилалї фаъолона ширкат варзида, соњиби 22 медал гаштанд, ки ин аз сатњи баланди донишандўзии онњо гувоњї медињад. Се нафар хонандагони литсей: Нозим Каримов аз фанни география, Фирдавс Орифов аз фанни забони англисї, Умед Шарифов аз фанни география дар озмуни фаннии љумњуриявї иштирок намуда, сазовори љойњои дуюму сеюм ва ифтихорномаву роњхат гаштанд. Дар шањри Душанбе озмуни лоињавии љумњуриявї аз фанњои даќиќ-TASPO аз рўи намудњои технологияи информатсионї, кашфиёти илмї, экология ва лоињањои иљтимої баргузор гардид, ки дар он шогирдони литсей бо 6 лоињаи худ баромад карда, сазовори љойњои ифтихорї гардиданд. Дастпарварони литсей Њасан Пулотов ва Саидназар Вањњобов аз фанни физика бо лоињаи «Истењсоли ќувваи барќ бо термогенераторњо», Њамзаалї Улмасов ва Далер Почољонов аз

ШОГИРДОНИ ЛИТСЕЙ - НОМБАРДОРИ ТОЉИКИСТОН

ИФТИХОРИ ЛИТСЕЙ

Љавоњир Њайдаров хонандаи синфи 8 литсейи тољикї-туркии шањри Хуљанд дар баробари бо бањои хубу аъло тањсил намудан, пайваста ба варзиш машѓул мебошад. Борњо дар мусобиќањои байналмилалї, љумњуриявї ва вилоятї оид ба карате-до ширкат варзида, сазовори медали тилло гардидааст. Моњи майи соли равон дар шањри Турсунзода дар чемпионати љумњуриявї оид ба карате-до Љавоњир дар вазни аз 63 боло иштирок карда, соњиби љойи аввал ва медали тилло гардид. Бо чунин шогирдон, ки номи литсей ва шањри Хуљандро баланд мебардоранд, љомеаи омўзгорон ва муњассилин ифтихор менамоянд. Хабарнигори «Оламоро»

фанни физика (омўзгор З. Абдурањмонов) бо лоињаи «Кубик-рубики сеченака», Далер Зарифов ва Хушбахт Набиев аз фанни биология (омўзгор А. Мадаминов) бо лоињаи «Дизенфексияи ултрабунафши об», Мењриддин Ќурбон ва Амир Ашўров аз фанни технологияи информатсионї (омўзгор Серкан Карги) бо лоињаи «Луѓати онлайн», Амонулло Раззоќзода ва Равшан Мирзољонов аз фанни технологияи информатсионї бо лоињаи «Системаи информатсионї» (омўзгор Ш. Абдуназаров) сазовори маќоми дуюм гардиданд. Лоињаи филми кутоњмуддати шогирдони литсей Мирзоикром Шарифов ва Иброњим Урунов сазоври маќоми сеюм гардид. Дар озмуни байналмилалии лоињавї, ки дар Љумњурии Ќазоќистон доир гардид, довталабон аз 12 давлат 150 лоињаи худро пешнињод намуданд. Хонандагони литсей М. Шарифов ва И. Урунов аз фанни технологияи информатсионї маќоми дуввум ва С. Икромов ва А. Очилов аз фанни технологияи информатсионї соњиби љойи сеюм гардиданд. Њамчунин дар озмуни байналхалќии лоињавї дар Љумњурии Гурљистон аз фанњои даќиќ ду нафар дастпарварони литсей Хушбахт Набиев ва Хайём Дадобоев лоињаи худро аз фанни биология пешнињод намуда, соњиби медали тилло гардиданд. Мавриди зикр аст, ки барои омода намудани кашфиёти нави илмии толибилмон мудири литсей Хуршед Каримов, љонишини аввали мудир Муќаддам Бойматова, љонишин оид ба тарбия Муњайёхон Акмалова, љонишин оид ба таълим Тоњир Рўзибоев ва омўзгорон З.Шокирова, М.Њакимова, Г.Њомидова М.Мўъминова саъю талош намуданд. Ба ѓолибони озмунњои љумњуриявї ва байналмилалї ва омўзгорони онњо аз номи мудирияти литсей ифтихорнома ва туњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Нўъмон РАЉАБЗОДА Мавлуда РЎЗИЕВА

Ôèðäàâñ Îðèïîâ, ћîëèáè îçìóíè ¿óì³óðèÿâќ

Íîçèì Êàðèìîâ, ћîëèáè îçìóíè ¿óì³óðèÿâќ

Õàé¸ì Äàäîáîåâ, Õóøáàõò Íàáèåâ, ћîëèáè îçìóí äàð ћîëèáè îçìóí äàð ¯óì³óðèè Ãóð¿èñòîí ¯óì³óðèè Ãóð¿èñòîí

Њамеша хирадро ту дастур дор, Бад-ў љонат аз носазо дур дор. *** Ба дониш бувад мардро обрўй, Ба бедонишї, то тавонї, мапўй. *** Ба дониш бувад љону дилро фурўѓ, Нигар то нагардї ба гирди дурўѓ. *** Шунида суханњо фаромўш макун, Ки тољ аст ба фарќи дониш сухун. *** Макун бад, ки бинї ба фарљом бад, Зи бад гардад андар љањон ном бад. *** Хирад афсари шањриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад.

Àôçàë Î÷èëîâ, Èáðî³èì ¡ðóíîâ, ћîëèáè îçìóí äàð ћîëèáè îçìóí äàð ¯óì³óðèè £àçî¥èñòîí ¯óì³óðèè £àçî¥èñòîí

Ìèðçîèêðîì Øàðèôîâ, Ñàèäêàðèì Èêðîìîâ, ћîëèáè îçìóí äàð ћîëèáè îçìóí äàð ¯óì³óðèè £àçî¥èñòîí ¯óì³óðèè £àçî¥èñòîí


22.05.2013

ØÓÍÈÄÀ ÑÓÕÀͲΠÔÀÐÎÌ¡Ø ÌÀÊÓÍ, ÊÈ Òί ÀÑÒ ÁÀ ÔÀÐ¥È ÄÎÍÈØ ÑÓÕÓÍ.

3

№05 (45)

ПЕШРАВЇ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ МАРОМИ МОСТ

Љомеаи омўзгории МТЃ «Мактаби Рустамов Ю.Д.» солњои охир пайваста бо дастовардњои назарраси таълиму тарбия ноил гардида, бо зањматњои устодони соњибтаљриба шогирдони мактаб дар олимпиадањои шањрї, вилоятї, љумњуриявї ва байналмилалї ширкат варзида, борњо сазовори љойњои ифтихорї гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки муассисон ва ањли љомеаи омўзгории таълимгоњ бо азму иродаи ќавї, мењнати суботкорона ва талошњои пайгирона барои дар сатњи баланд ба роњ мондани таълиму тарбия саъю талош менамоянд. Имрўз дар мактаб ба донишу хониш ва рафтори хонандагон тавассути системаи холгузорї бањо дода мешавад,

ки натиљаи хеле самаровар ба бор овард. Ин тарзи корбарї пеш аз њама имкон фароњам меовард, ки робитаи волидайн бо мактаб пурзур гашта, падару модарон бевосита ба пешрафти фарзандашон дар таълиму тарбия ошної пайдо намуда, аз пайи ислоњи камбудињо гарданд. Айни замон миќдори омўзгорони мактаб 24 нафар, иќтидори лоињавї ба 262 нафар хонанда мебошад, миќдори синф 13, ду кабинети таълимї ва теъдоди хонандагон 241/84 нафарро ташкил медињад. Оинномаи мактаб дар тањрири нав аз тарафи муассиси мактаб бо ќарори №31 аз 29.10.2011 тасдиќ шуда, Иљозатнома оид ба њуќуќи пешбурди фаъолияти таълимї АУ №0004935

аз 10.04.2012 то 10.04.2017 бо ќарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суѓд аз 3.04.2012, №1/7 дода шудааст. Таълимгоњ пурра бо омўзгорон таъмин аст. Музди мењнати омўзгорон дар ваќти муайян шуда пардохт карда мешавад. Мактаб толори варзишии замонавї дорад, ки бо њамаи лавозимотњои зарурї таъмин мебошад. Моњи октябр даври аввали Олимпиадаи фанњо гузаронида шуд. Дар он 135 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар Олимпиадаи шањрї 40 нафар ѓолибони даври аввал иштирок намуда, 6 нафар сазовори љойи аввал, 3 нафар маќоми дуюм, 5 нафар љойи сеюм ва ду нафар бо диплом сарфароз гардиданд.. Хонандагони синфи 10 Рањимов Амирљон ва синфи 11 Ѓаниева Муќаддамхон дар Олимпиадаи фаннии вилоятї ѓолиб баромада, бо дипломи шуъбаи маориф сарфароз гардида, ба Олимпиадаи љумњуриявї роњхат гирифтанд. Инчунин хонандаи синфи 10 Бобољонов Хуршед барои иштироки фаъолона дар Олимпиадаи вилоятї иштирок карда, бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Иштирок дар олимпиадаи байналхалќї дар мактаб хуб ба роњ монда шудааст. Роњбарии ин корро омўзгори фанни технологияи информатсионї Худой-

ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ РУСТАМОВ

Омўзгори соњибтаљриба, эљодкор ва фидои соњаи маориф Юлдошбой РустаРустамов орзу дошт, ки мактаби хонандагони соњибистеъдодро ташкил намояд. Ин орзуи ў дар даврони истиќлолият амалї гашт. Соли 2003 дар њавлиаш мактаби замонавиро сохта ба истифода дод. Юлдошбой Рустамов орзу дошт, ки шошогирдони ў мисли уќоб баландпарвоз бобошанд, ќуллањои баланди илмро кашф нанамоянд. Лекин умр ба ў вафо накард. Соли 2005 аз олам чашм пўшид. Имрўз кори пападари бузургвори худро пайвандони ў Бахтиёрљон Рустамов, Рустамљон Ру стамов ва Махфиратхон Рустамова давом дода истодаанд. Дар таълимгоњ алњол 241 нафар хонандагон тањсил ме намоянд. Президенти Тољикистон ља ноби Олї Эмомалї Рањмон дар њар як бабаромади худ ба љавонон мурољиат карда мегўянд, ки љавонон ояндаи миллат мемебошанд, бояд онњо дар таълимгоњњо бо бањоњои хубу аъло тањсил карда, техно логияи навинро ба кишвари азизи худ ворид намоянд. Маъмурияти мактаб бо роњбарии директори таълимгоњ Мавзуна Исмоилова наќшаи дурнамои худро аз рўи дастуру супоришњои Президенти кишвар тартиб доданд. Бо дастгирии муассиси мактаб Б.Рустамов аз фанњои забони русї ва англисї, технологияи информатсионї дарсњои иловагї ва мањфилњои технологияи информатсионї, иќтисоди бозоргонї, забони арабї ташкил карда шуд, ки дар он 142 нафар хонандагон иштирок доранд. Дар машѓулиятњои иловагї диќќати хонандагон барои сањењ омўхтани асосњои илм равона карда мешавад. Соли 2011 ва 2012 хонандагони мактаб Бањодуров Амирхон ва Ибодуллоев Ибодуллохўља дар Олимпиадаи љумњуриявї аз фанни физика

ѓолиб дониста шуда, бо медали тилло ва роњхат ба яке аз донишкадањои олии техникии љумњурї ќадр карда шуданд. Дар давоми солњои дар боло зикр гардида дар Олимпиадањои байналхалќї 7 нафар хонандагон соњиби медали тилло, 5 нафар соњиби медали нуќра ва 1 нафар соњиби медали биринљї гаштанд. Соли хониши 2012-2013 хонандаи синфи 11 Ѓаниева Муќаддамхон, хонандагони синфи 10 Бобољонов Хуршед, Рањимов Амирљон ва Неъматуллоев Муродбек ѓолиби Олимпиадаи вилоятї гаштанд. Моњи апрели соли равон дар Олимпиадаи љумњуриявї аз фанни физика Ѓаниева Муќаддамхон бо медали нуќра ва роњхат ба донишкадаи олии техникї, хонандагони синфи 10 Рањимов Амирљон ва Неъматуллоев Муродбек мувофиќи низомномаи Олимпиада бо хонандагони синфњои 11 дар Олимпиадаи љумњуриявї ќувваозмои намуда, бо медалњои нуќра ва биринљї соњиб шуданд. Соли хониши 2011-2012 хонандаи синфи 9 Рањимов Амирљон ва соли хониши 2012-2013 Файзиев Муњаммадљон аз озмун сарбаландона гузашта, соњиби идрорпулии Раиси шањр гаштанд. Соли хониши 2012-2013 дар озмуни вилоятии Академия хурди илмњо хонандагони синфи 10 Мирзобоев Далер ва синфи 7 Рустамов Парвиз ѓолиб баромада, ба озмуни љумњуриявї роњхат гирифтанд. Оиди ѓолибияти хонандагон дар Олимпиадањо њиссаи омўзгори фанни физика дорандаи љоизаи Президентї, Муњаммадљон Зарипов, омўзгорон Зебунисо Раупова, Мављудахон Худойдодова ва Саидориф Бурњонов арзанда мебошад. Дар солњои хониши 2010-2011 ва 2011-2012 аз байни 35 нафар хатмкардагон 9 нафар ба донишкадањои олии Русия, 2 нафар ба донишкадањои олии давлати Чин ва 1 нафар ба донишкадаи олии давлати Украина дохил шуданд. Имрўзњо ба таълимгоњ волидайни зиёд фарзандони худро барои тањсил оварда, пеш аз њама хизматњои арзандаи устод Юлдошбой Рустамовро ба ёд меоранд. Љомеаи мењнатї сол аз сол кўшиш менамояд, ки барои фатњи ќуллањои нави дониш хонандагонро омода намоянд, то ки орзуњои аввалини сарвари мактаби худро амалї созанд. Зиндаву љовид монд њар кї накўном зист, К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро (САЪДЇ) Шарифљон БОЛТУЕВ, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон

додова Мављудахон бар ўњда дорад. Кори босифат ва назарраси муаллима буд, ки аз тарафи Богумир Янски-доктор ва профессори Университети ба номи Карлова (Прага, Чехия), Владимир Вербитский – профессор, доктори илмњои педагогї, директори маркази миллии экологї-натуралистии љавонони Вазорати маориф ва илми Украина ва Борис Игошев ректор ва профессори Донишгоњи Давлатии педагогии Урал (Екатеринбург) ба унвонии мактаб сипоснома фиристода шуд. Дар охири моњи январ ва аввали моњи феврал даври дуюми олимпиадаи байналхалќї гузаронида шуд, ки дар он 48 нафар хонандагони мактаб иштирок намуда, њамаи онњо соњиби диплом гардиданд. Дар чоряки сеюм 241 нафар хонандагон тањсил намуданд, ки аз онњо 84 нафарашон духтаронанд. Наќшаи семоњаи мактаб оиди баланд бардоштани сифати таълим 98,5% иљро гашт. Оиди баланд бардоштани дониши хонандагон дар Шўрои педагогї, Шўрои методї ва Шўрои назди директор 11 масъала муњокима карда шуд. Дар мактаб мањфилњои фаннии забонњои русї, англисї, арабї, математика, технологияи информатсионї фаъолият мебаранд, ки бењтарин шогирдон дар онњо ширкат варзида, до-

нишу фањмиш ва љањонбинии худро васеъ менамоянд. Китобхонаи мактаб дорои 4187 нусха китобњои бадеї ва 83 адад китобњои методї мебошад ва 220 омўзгорону хонандагон аъзои доимии ин махзангоњи илму маърифат мебошанд. Мактаб бо китобхонаи вилоятии бачагона алоќаи зич дорад. Дар моњњои феврал ва март 2 маротиба кормандони китобхона ба мактаб омада, бо хонандагон оиди нашри адабиётњои нав ва љалбу хондани китобњои бадеї суњбатњо гузарониданд. Њамчунин 24 нафар хонандагони синфњои ибтидої ба китобхонаи вилоятии бачагона ва 32 нафар хонандагони синфњои 9-11 ба китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоља Асирї аъзо мебо-

шанд. Дар мактаб хонандагони аз тањсил дурмонда ва љиноят содиркарда нестанд. Санањои 1820-уми майи соли равон дар шањри Душанбе даври љумњуриявии Акдемияи хурди илмњо баргузор гардид, ки дар он хонандагон: Рустамов Парвиз ва Мирзобоев Далер бо маърўзањои илмии худ баромад карда, ѓолибиятро ба даст оварданд. Тайи шаш соли охир мактабро 88 нафар хатм намуда, њамаашон дар мактабњои олї, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон 69 нафар, дар Федератсияи Руссия 16 нафар, дар Донишкадаи авиатсионии шањри Киев 1 нафар, дар Хитой 2 нафар тањсил менамоянд. Хабарнигори “ОЛАМОРО ” “ОЛАМОРО”

ДАФТАРЧАИ САНЉИШЇ ВА СИСТЕМАИ ХОЛГУЗОРЇ Президенти кишварамон мўњтарам Эмомалї Рањмон дар баромадњояшон борњо ќайд кардаанд, ки ояндаи Тољикистон дар дасти љавонон аст. Мо, омўзгорон, бояд њамаи ќувваамонро бањри он равона кунем, ки хонандагон дониши чуќур гиранд, њамаи фанњоро, ки аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст, ба ќадри кофї аз худ кунанд. Инчунин одобу интизом, эњтироми якдигар, муомилаи хуб, ба љо овардани тартиботи дохилимактабї барои аз худ кардани барномаи таълими наќши калон мебозад. Барои сайќал додани дониши хонандагон, бесабаб наомадан, одобу интизоми хуб дар мактаб

системаи холгузории Рустамовро љорї намудем. Ба хонандагон аз рўи љадвали холгузории муайяншуда холњо гузошта шуда, њар моњ он љамъбаст карда мешавад. Хонандагоне, ки аз меъёр кам хол мегиранд, дар назди волидон бо иштироки маъмурияти мактаб аз санљиши «Коркарди мавзўъњо» мегузаранд. Воќеан ин раванди кори таълиму тарбия имкон фароњам меоварад, ки робитаи доимии мактабу оила барќарор гардад ва падару модарон низ баробари ошно гардидан ба пешрафи фарзанд барои ислоњи сариваќтии камбудињои љойдошта саъю талош менамоянд. Мавзуна ИСМОИЛОВА , сарвари мактаб

МАШЪАЛАФРЎЗОНИ ИЛМУ ДОНИ��

Áîáî¿îíîâ Õóðøåä

ћàíèåâà Ìó¥àääàìõîí

Ðà³èìîâ Àìèð¿îí

Ðóñòàìîâ Ïàðâèç

Èáîäóëëîåâ Èáîäóëëî

Ðóñòàìîâ Ñ¢³ðîá

Ìó³àììàä¿îí Çàðèôîâ, Àúëî÷èè ìàîðèô, Êîðìàíäè øîèñòàè Òî¿èêèñòîí âà äîðàíäàè ¯îèçàè Ïðåçèäåíòќ

Ôàéçèåâ Ìó³àììàä¿îí

Ìèðçîáîåâ Äàëåð


4

№05 (45)

ÁÀ ÄÎÍÈØ ÁÓÂÀÄ ÌÀÐÄÐÎ ÎÁСÉ, ÁÀ ÁÅÄÎÍÈØќ, ÒÎ ÒÀÂÎÍќ, ÌÀÏ¡É.

ЗЕБО БОЌИЕВА ЃОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МУАЛЛИМИ СОЛ-2013» Дар мактаб-интернати Президентии шањри Чкалов озмуни вилоятии «Муаллими сол-2013» баргузор гардид. Дар даври нињоии озмун њафт нафар омўзгорони фаъолу эљодкори вилоят аз шањру навоњии Хуљанд, Исфара, Истаравшан, Чкалов, Мастчоњ, Бобољон Ѓафуров ва Айнї ширкат варзида, истеъдод, њунар ва дониши худро намоиш доданд. Мавриди зикр аст, ки њайати њакамон якдилона ѓолибиятро ба омўзгори фанни забони англисии МТМУ№28 аз шањри Хуљанд Зебо Боќиева муносиб донистанд. Љойи дувум насиби омўзгори фанни забон ва адабиёти тољики гимназияи «Нур»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров Тўтї Њамроќулова гардид. Ба маќоми сеюм ду нафар омўзгорони соњибтаљриба аз ноњияи Масчоњ Рањима Њидоева ва аз литсейи №1, шањри Исфара Муњайёхон Муњаммедова мушарраф гаштанд. Њамчунин омўзгорони соњибистеъдод Умриддин Давлатов аз ноњияи Айнї, Шоњида Њољибоева аз шањри Чкаловск ва Зулайхо Муъминова аз шањри Истаравшан низ чун иштирокчиёни фаъолу эљодкор шартњои озмунро иљро намуданд. Ба њамаи иш-

тирокчиён ва ѓолибони озмуни вилоятии «Муаллими сол-2013» дар вазъияти тантанавї диплому ифтихорнома ва туњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Нўъмон РАЉАБЗОДА

БЕ МУРАББЇ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН…

Дар кўдакистони раќами 16-и шањри Хуљанд њисоботи эљодии мураббияи гурўњи калони томактабї Ќосимова бо иштироки волидони ин гурўњ дар сатњи баланд гузаронида шуд. Худ зангўларо такон дода ворид шудани кўдакон ба намоишгоњ њусни оѓози чорабинї буд. Сипас аз љониби кўдакон суруд дар васфи Тољикистони азиз «Бошї њамеша озод, эй Тољикистон!» тариќи пионино хеле хуб сароида шуд. Баъд мураббия аз кўдакон дар бораи муќаддасот ва ќањрамонони Љумњурии Тољикистон савол дод ва кўдакон бо лањни ширину гуворои худ посух доданд. Сипас, композитсияи адабї дар васфи дўст доштану њимоя кардани Ватани мањбуб аз љониби писарбачагони гурўњ намоиш дода шуд, ки ањли толорро ба ваљд овард. Ба базми тарби-

ятгирандагон мењмон шудани «Нодонхўља» бо китоби гулдору рангин ва аввалини кўдакон «Алифбо» чорабиниро боз њам рангинтар намуд. Сипас омўзгори фанни забони русї Саида Рањимовна бо кўдакон машѓулиятро идома дода, аз онњо бо забони русї сарони давлат, муќаддасоти Љумњурии Тољикистон, рангу раќам, њарфу њиљоњо ва рўзу њафтаву моњњоро пурсон шуд, ки ба њамаи саволњои худ љавоби мусбї гирифт ва њамроњ суруди «От улыбки» сароида шуд. Лањзаи дамгирї тариќи «Раќс бо тўб» гузаронида шуд, ки он бо пионино иљро гардид. Мураббия бањри санљидани савод кўдаконро ба сайри «Боѓи хушманзара» њидоят намуд, ки дар он «мевањои ширин» - њарфњои пароканда мављуд буду дар шохаи дарахтони сарсабз насб шуда буданд. Мураббияи кўдакон хоњиш намуд, ки ду калимаи муќаддас «Ватан» ва «Модар»-ро тартиб дињанд ва кўдакон аз иљрои он низ ба хубї баромаданд. Њамин тавр паси њам кўдакон раќам шуморида, њарфњоро гуфта, шеъру суруд хонда, сањнача намоиш дода, раќсу бозињо намуданд. Дар љамъбасти њисоботи эљодї мудири кўдакистон Мансурова Њ.А. баромад намуда, оид ба иљроиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дастури одоби салом» ба волидон маълумот дод. Ў аз љумла зикр намуд, ки сол то сол њамкории кўдакистони мо бо волидон мустањкам гардида истодааст ва ин буд, ки бо дастгирии волидон кўдакони мо тавонистанд дар чандин озмунњои шањрї ва вилоятиву љумњуриявї ба монанди «Њифзи Ватан муќаддас аст», «Атласшоу», «Сапеда», «Наврўз-2013» ва дигарњо иштирок намуда, љойњои ифтихориро сазовор гарданд. Сипас њисоботи эљодї бо суруди «Хайр боѓча» љамъбаст гардид. Шањноза ЗАРИФОВА

РОВНО ГОД НАЗАД... Ровно год назад, мне посчастливилось оказаться в числе 48 финалистов программы FLEX. Думаю, на тот момент, каждый из нас должен был обладать немалой долей мужества, решившись поехать в Америку. Потому что это была поездка в неизвестность: новая среда, другое общество и культура, абсолютно неизвестные тебе люди и места. В начале было нелегко: проблемы возникали начиная с языковых трудностей , заканчивая культурным шоком и тоской по дому. Однако, постепенно ко всему привыкаешь. И сейчас, я могу с полной уверенностью сказать , что этот проведенный год в Америке был самым лучшим и незабываем годом в моей жизни. Год насыщенный приключений и новых событий . Я говорю этот год был лучшим, не потому что он полон только радости и позитива, но в нем было все: радость и печаль, победы и поражения, слезы и улыбки, лучшие и худшие мо-

менты в моей жизни. Это бесценный опыт, который открыл мне новые возможности, изменил мои взгляды, помог мне поставить новые цели и лучше понять себя. Теперь, когда осталось совсем немного времени моего пребывания здесь, я полна желания , по приезду на Родину, сделать все для процветания Таджикистана, для развития моей Родины! Нилюфар АКИЛДЖАНОВА, ученица 10 кл "Гимназия им. И.В.Гёте"

Хуш, он миллате, к-ўро паём аст, Паёмаш пайнамои издињом аст. Дар мамлакатњои пешќадами љањон анъанањои демократие тавлид ва ташаккул ёфтаанд, ки фаъолияти маќомоти Њокимияти давлатиро шаффофу њисоботдињанда ва бомасъулият мегардонанд. Яке аз онњо Паёми њарсолаи Сарвари давлат ба Њокимияти ќонунгузор мебошад. Паёми имсолаи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба тањлили амиќи дастовардњои иљтимої, иќтисодї, фарњангї ва сиёсати хориљии мамлакат ба мардум писанд афтод. Зеро он аз дурнамои хуби созандагию ободии Ватан, тањкими сулњу субот, рушди мактабу маориф ва расидан ба сатњи шоистаи зиндагии ањолї башорат дод. Президенти кишвар рушди соњаи маорифро яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат эълон доштааст. Дар Паём оиди забономўзї, забондонї, арљгузорї ба он, Сарвари давлат эътибори љиддї додааст. Борњо таъкид

22.05.2013

НАВИДИ ХУДСОЗЇ ВА ХУДОГОЊЇ

шудааст, ки арљгузорї ва эњтироми забони давлатї, яъне забони зебову ширини шоиронаи тољикї барои њар як тољикзабон ќарзи шањрвандї аст. Забони тољикї дар ќатори дигар муќаддасоти миллии мо рамзи давлатдорї, њуввияти миллї, кафили мављудияти фарњанги оламшумул ва мояи ифтихори мо – тољикон аст. Забондонї ва забономўзї дар шароити имрўзаи мо шарти пешравии кору фаъолият ба шумор меравад. Ичунин дар ин бобат дар баромадњои худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки донистани забонњои дигар, махсусан забонњои русї ва англисї барои наврасону љавонони мо зарурати воќеаи рўз аст. Ин гуфтањо ва таъкидњои Президенти кишвар Эмомалї Рањмон мо, омўзгоронро вазифадор менамояд, ки бањри забондону сухандон шудани шогирдонамон саъю кўшиш намоем. Онњоро бо таърихи забони нобу ширини тољикї

ошно созем. Бо забони адабї сухан гуфтанро аз хурдї омўзонем. Барои ин моро лозим аст, ки фаъолияти омўзгориамонро самаранок бо истифода аз усулњои муосири таълим ба роњ монем, то ки шогирдонамон оянда тарѓибгари забони шево ва ќадимаи тољикї гарданд. Мо омўзгорон Паёми имсоларо бо як њисси ифтихор аз ватандорї, шукргузорї аз соњибистиќлолии кишвар шунида, онро чун ќутбнамои кори омўзгорї ќабул кардем. Хулоса, як хусусияти неки Паёми имсола њам дар он аст, ки ин Паём њар сол дар фасли гулшукуфти сол – Бањори нозанин манзурамон мегардад, дар айни гулшукуфт, зиндашавии табиат, айёми киштукор. Паём њам як киштаест, киштае ба манфиати њама, ба манфиати Ватан, киштае, ки боровар мешавад. Марњабо ЮЛДОШЕВА Наљмї РАЊИМОВА омўзгорони МТМУ №15

ПАЁМИ САРВАР - ДАСТУРИ РАЊБАР

Дар замони Истиќлолияти кишварамон баъзе рукнњои нави давлатдорї шакл гирифта, ба њукми анъана даромаданд. Яке аз онњо ироаи Паёми Президенти мамлакат ба Маљлиси Олї мебошад. Дар Паёми њамасолаи Президенти кишвар бурду бохти асосии њаёти сиёсї, иљтимої, иќтисодию фарњангии мамлакат як навъ љамъбаст гардида, роњњои стратегии пешрафти мамлакатро барои солњои оянда муайян мекунад. Паёми Президенти кишвар навиди худсозї ва худогоњї аст, ки бар асоси он миллат худро рушд медињад, камол мебахшад. Паёми Президент њар як фарди љомеаро бар он водор месозад, ки барои сарсабзї ва хуррамии Ватани худ самимона хизмат кунад. Ин Паём моро ба он роњнамо месозад, ки чун дигар та-

баќањои љомеа даст ба созандагињои тоза ба тоза занем. Дар Паём омадааст, ки барномањои рушди иќтисодию иљтимоии шањру ноњияњо бо назардошти боз њам бењтар ва самаранок истифода намудани захираву имкониятњои онњо тањлил карда шаванд. Тољикистон дар роњи татбиќи њадафњои стратегии худ ба хотири баданд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум имрўз бо ќадамњои устувор пеш меравад. Дар ин раванд масъалаи њифзи иљтимоии ањолї яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати Њукумати мамлакат мебошад. Вобаста ба амалї намудани ин маќсад дар марњилаи аввал аз 1 сентябри соли љорї музди муассисањои иљтимої, музди мењнати хизматчиёни давлатї, њамаи намудњои нафаќа ба андозаи 20% зиёд карда мешавад, ки ин боз як бори дигар аз ѓамхорињои Сарвари давлат

дар њаќќи сокинони љумњурї дарак ��едињад. Сарвари соњибхиради мо дар охири суханронии худ чунин таъкид карданд: «Њамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соњибдавлативу соњибихтиёрии мардуми шарифу зањматкаш ва ободкору фарњангсолори тољикро дар роњи бунёдкориву созандагии Ватани азизамон – Тољикистон ва боз њам ободу зебо гардонидани сарзамини аљдодиамон сарвариву рањнамої кунем». Паёми имсола, дастури Президенти кишвар нињоят зарур ва сариваќтї мебошад. Бешубња, Паёми Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї њамчун як њуљљати барномавї ба њар як корманди ин ё он соња рўњу илњоми тоза бахшида, онњоро ба иљрои вазифањои давлатї дилгарму рањнамо месозад. Тўтинисо АТАЕВА

МОЊОНАИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ ДАР МАКТАБ Бо маќсади иљроиши ќарори Президенти кишвар Эмомалї Рањмон «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2004-2014» чанд сол мешавад, ки дар шањри Хуљанд гузаронидани моњонаи забони англисї дар моњи апрел бо њукми анъана даромадааст. Ќайд кардан љоиз аст, ки хонандагони мактаби №15 низ моњонаро бесаброна интизорї кашида, тайёрии пухта мебинанд, то ки дар озмунњо бомуваффаќият баромад кунанд. Дар мактаби мо омўзгорони забони англисї тасмим гирифтанд, ки суханони сарвари давлат мўњтарам Эмомалї Рањмон: «Бе донистани якчанд забонњои хориљи роњ ба сўи пешрафт барои љавонон баста аст»-ро сармашќи кори худ карда, корро аз рўи наќшаи пешбинишуда ба роњ монанд ва кўшиш ба харљ медињанд, ки шавќу завќи хонандагонро нисбат ба омўзиши забони англисї баланд бароранд. Бо ин маќсад омўзгорони забони англисї дар мактаб корњои зеринро ба анљом расониданд: викторинањо бахшида ба Тољикистон ва Британияи Кабир, бозињои шавќовар, озмуни иншонависи бењтарин дар мавзўи «Муаллим фарди бењамтои миллат», чорабинињои беруназсинфии «Китоб дар њаёти мо», хондани шеъру сурудњои англисї, чистону зарбулмасалњо.

Дар давоми моњона хонандагон тањти роњбарии омўзгорони забони англисї Рањимова Н, Љалолова Р, омўзгорони љавон Абдуѓафурова М ва Њамраева М дар љамъомади пагоњирўзї мунтазам барномањои пурмазмун ва шавќовар ташкил карда, дониши шогирдонро афзун гардонданд. Омўзгори љавон Њамраева М дар синфи 5«а» дар мавзуи «Дар мактаб» дарси кушоди шањриро хеле шавќовар ва замонавї гузаронд. Дар давоми моњона хонандагони мактаб дар њамаи озмунњои шањрї бомуваффаќият иштирок карданд. Абдуллоева Парвина хонандаи синфи 6 «а» дар озмуни шањрии «Шеърхони бењтарин» соњиби љойи дуюм гардид. Љумъаева Саида хонандаи синфи 7«а» дар озмуни «Хаттоти бењтарин» сазовори љойи 3, Рањматова Мутриба хонандаи синфи 6«а» дар озмуни шањрии «Фестивали сурудњои англисї» соњиби љойи 2 гардид ва Шарипова Дилфўза дар виктаринаи шањрї бахшида ба 21 солагии Истиќлолияти Тољикистон низ фаъолона иштирок кард. Моњона дар шањр бо сарварии мушовири забони англисї Шањидова М хуб гузашт. Хонандагони мактаби мо њам аз шунидани Паёми Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба Маљлисї Олї рўњбаланд гардида, ба омўзиши забони англисї љањду талош хоњанд кард. М.АШРАФОВА, омўзгори забони англисї

:

Муассисон: Шуъбаи маорифи шањри Хуљанд ва Нўъмон Раљабов Сармуњаррир: Нўъмон РАЉАБЇ

Муњаббат БОБОЉОНОВА Мирзоањмад АЊМАДЗОДА Нуралї НУРЗОД Мирзосаид МЎЪМИНОВ Муњайё АКМАЛХОЉАЕВА Зулфия АШЎРОВА Саноат Сангинова

ЊАЙАТИ ТАЊРИРИЯ: Акрам АСЛОНОВ Муќаддас АЗИМОВА Муњаббат ЁРМАТОВА Тўњфа МАМАДЉОНОВА Малоњат МАНСУРОВА Фирўза КАРИМОВА Шањноза ЗАРИФОВА

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Замира НАБИЕВА Тањмина ОЧИЛЗОДА Матлуба РАЊМАТОВА

ЉДММ “Андеша”


Olamoro# 5(May-2013)