Issuu on Google+

Тçíîìà àç ìî³è ñåíòÿáðè ñîëè 2008 íàøð ìåøàâàä

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОЊНАМОИ АЊЛИ МАОРИФ

Нуктањо аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

ОИД БА ПЕШРАФТИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРЊАНГ

Дар сиёсати иљтимоии кишвар соњаи илму маориф дар оянда низ њамчун яке аз самтњои калидї боќї монда, Њукумати Тољикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблаѓгузории соњаро њамасола ба таври назаррас афзоиш медињад. Бо дарназардошти вазъи љањони имрўза изњор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муњимтарини амнияти миллї низ мебошанд, зеро дар љањони пуртазоди имрўза фаќат насли наврасе, ки дониш ва касбу њунарњои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иќтисодии кишварро таъмин намояд.. Омўзгор дар мењвари соњаи маориф ќарор дорад ва сатњу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онњо мањз ба донишу таљриба, малакаву мањорати касбї, усули таълим ва дигар пањлуњои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад. Мо, минбаъд низ, барои њалли масъалањои иљтимоии соњаи маориф ва баланд бардоштани маќому манзалати омўзгор дар љомеа њамаи чорањои заруриро амалї мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омўзгорон тарбиятгарони наслњои ояндасози миллат ва давомдињандагони анъанаву суннатњои пурифтихори миллии мо мебошанд. Мо барои тараќќї додани илми ватанї дар 15 соли охир 362 миллион сомонї сарф намудем ва пешбинї кардаем, ки дар 7 соли оянда ба ин самт зиёда аз 600 миллион сомонї равона созем. Ягона таќозои давлат аз олимону муњаќќиќон ин аст, ки илмро њамќадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халќ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд. Соли љорї ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти олї бори аввал тавассути имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї дар Маркази миллии тестї ба роњ монда мешавад. Мо ба ин кор дар асоси хоњишу дархости зиёди падару модарон ва бо маќсади баланд бардоштани сатњи тарбияи кадрњо, инчунин пешгирї кардани амалњои коррупсионї дар љараёни имтињоноти ќабул иќдом намудем. Дар замони муосир пешрафти иќтисодии њар як кишвар аз сатњи фаъолият ва дараљаи тарбияи кадрњо дар мактаби олї вобастагии зиёд дорад. Иљрои ин рисолати муњими миллї, њамчунин дар зењни насли наврас ва љавонон решадор сохтани њисси миллї, ватандўстиву ватанпарварї ва ба раванди ободониву созандагї даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи ањли зиё низ мебошад. Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллї ва равшангарони роњи фардои миллатанд. Имрўз тамоюли љањонишавии фарњанг аз љумлаи проблемањои глобалии асри ХХI мебошад. Тољикистон њамчун узви љомеаи љањонї аз раванди босуръати љањонишавї ва падидаву зуњуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад.

¹01 (51) 27 ÿíâàðè ñîëè 2014

МУЛОЌОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД БО АЊЛИ МАОРИФ Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї дар ќасри бошукўњи Арбоб бо ањли маорифи вилоят мулоќоти судманд анљом дод. Дар ин мулоќот раисони шањру навоњї, ректорони мактабњои олии вилоят, мудирони шуъбањои маориф, директорон литсейњои касбию техникї ва муассисањои таълимї иштирок карда, бо Раиси вилоят суњбати ошкоро ва мубодилаи афкор намуданд. Абдурањмон Ќодирї зимни суханронии пурмуњтаво вазъи имрўзи маорифи вилоятро мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор дода, аз дастоварду комёбињо ёдовар гашта, бањри ислоњи сариваќтии камбудињо дастуру супоришњои мушаххас дод. Дар суханронии Раиси вилоят асосан масъалањои иштироки толибилмони вилоят дар олимпиадањои љумњуриявї, баќайдгирии довталабон ба Маркази миллии тестї, теъдоди омўзгорон ва мактабњои вилоят, ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон, мактабњои садамавї, таъмини муассисањои таълимї бо мизу курсињо, дар њамкорї бо литсейи касбию техникии №31 дастрас намудани мизу курсињои замонавї, вазъи компютеркунонї ва компютерњои корношоям, либоси ягонаи мактабии хонандагону омўзгорон, сохтани дегхонањо барои гарм кардани синфхонањо, захираи ангишт ва омодагї ба зимистонгузаронї, тањсил баъди синфи 9, саводнокї ва донишандўзии хонандагон, вазъи толорњои варзишї, додани заминњои ёрирасон ба мактабњо, њунаромўзї, насби тануру оташдон ва дастгоњњои ќолинбофї, њолати таълими фанни суруд ва мусиќї, китобхонањои мактабї ва њамкорї бо

китобхонаи вилоятї ба номи Тошхуља Асирї, љиноятсодиркунии ноболиѓон ва худкушии наврасон ва ѓайра мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор гирифт. Баъдан иштирокчиёни мулоќот саволњои худро перомуни кам кардани андозњои мактабњои хусусї, сохтмони мактаби замонавї барои хонандагони болаёќат дар шањри Хуљанд, таъсиси љоизаи Раиси вилоят дар соњаи маориф, омода намудани дастурамал оид ба тайёр намудани хурокњои миллї ва ѓайра пешнињод карданд. Раиси вилоят пешнињоди омўзгоронро ба эътибор гирифта, таъкид кард, ки барои омўзгорони фаъолу эљодкор љоизаи Раиси вилоят дар соњаи мактабу маориф таъсис дода мешавад ва њамчунин њамасола аз њисоби маблаѓњои буљавї 100 нафар омўзгорон барои истироњати бофароѓат ба истироњатгоњи «Бањористон» љалб карда мешаванд.

ОМЎЗГОРОН СОЊИБИ ЗАМИН ШУДАНД

Барои 36 нафар омўзгори макотиби миёнаву олии маркази вилояти Суѓд аз мањаллаи 14-уми шањри ХуХуљанд ќитъањои замини назди њавлигї људо гардид. Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї зимни мулоќот бо омўзгорон изњор дошт, ки имрўзњо аз љониби Сарвари Давлат Эмомалї Рањмон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди соњаи маориф эътибори љиддї дода мешавад. Ин аст, ки имрўз теъдоде аз омўзгорон соњиби замин гардиданд. Изњори умед карда шуд, ки омўзгорон бо бунёди хонањои хуштарњу замонавї ин мавзеи шањрро ба як гўшаи обод табдил хоњанд дод. Сипас омўзгорони љавону собиќадор аз тариќи ќуръакашї макони љойгиршавии ќитъањои замини худро муайян намуданд. Бояд гуфт, ки аз љониби идорањои Сарраёсати истифодаи замин ва идораи шањрсозию меъмории шањри Хуљанд ба ин омўзгорон сертификати замин ва лоињањои манзилњои истиќоматї ройгон дода мешаванд. АМИТ “Ховар”

КАМБУДИЊО ИСЛОЊ МЕШАВАНД

Дар љаласаи Шўрои шуъбаи маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд њафт масъала: љамъбасти фаъолияти семоњаи шуъбаи маориф ва муассисањои таълимї, вазъи тарбияи љисмонї ва омодагии дифои њарбии хонандагон, тарбияи њисси ватанпарастї ва тањкими ифтихори миллї дар мактабњои №22, 28, 29,30, М/Х Рустамов, њолати иљрои зинаи сеюми «Наќшањои таълимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2008-2009 ва солњои минбаъда» дар мактабњои раќами 2,11,12,27 ва гимназияњои №4, Кавсар, натиљаи аттестатсияи муассисањои тањсилоти томактабии №2,3, вазъи иљрои Барномаи касбинтихобкунии љавонон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон, натиљаи Олимпиадаи вилоятии хонандагон аз фанњои таълимї дар соли хониши 2013-2014, натиљаи Рўзњои шуъбаи маориф дар МТМУ№18 мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор гирифт. Бо сухани ифтитоњї мудири шуъбаи маорифи шањри Хуљанд Саидмухтор Љалолов љаласаи шўроро ифтитоњ намуда, муовини раиси шањри Хуљанд Умеда Бурњонова ва њамаи иштирокчиёнро хайрамаќдам гуфт. Дар бораи љамъбасти фаъолияти семоњаи шуъбаи маориф ва муассисањои таълимї дар соли 2014 мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Љалолов маърўзаи пурмуњтаво намуда, вазъи соњаи маорифро мавриди

тањлил ќарор дод. Мавсуф зимни суханронї аз дастоварду комёбињои ањли маориф дар се моњи соли равон ибрози андеша намуда, дар баробари ин барои ислоњи камбудињо дар раванди таълиму тарбия ба масъулин супоришњои мушаххас дод. Муовини Раиси шањри Хуљанд Умеда Бурњонова зимни суханронии хеш аз дастгирињоии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд ба ањли маориф ёдовар гардида, таъкид кард, ки вазъи муассисањои таълимии шањр мавриди тањлил ќарор дода мешавад. Оид ба масъалањои баррасишуда ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд ва масъулин муаззаф гардиданд, ки барои ислоњи камбудињо фавран чорањои заруриро андешанд. Сипас, мудири шўъбаи маориф Саидмухтор Љалолов зимни вазифагузорињо таъкид кард, ки фурўши њамагуна китоб, чиптањо барои барномањои фарњангї бемувофиќа бо Вазорати маориф маън мебошад. Истифодаи СМС-рўзномањо дар њамаи муассисањои таълимї новобаста аз шакли ташкилї мамнуъ эълон гардидааст, ќабул ба кўдакистонњо танњо тариќи шуъбаи маориф ба роњ монда мешавад. Њамчунин зикр гардид, ки бояд ба маќсади эњёи њунарњои мардумї њар як муассисаи таълимї 10 адад дастгоњи таълимии ќолинбофиро харидорї намояд. Нуъмон РАЉАБЗОДА


2

ÐÀͯÅ, ÊÈ ÁÀ ÕÓÄ ÍÀÌÅÏÈÑÀÍÄÀÌ, ×ÓÍ ÁÀÐ ÄÈÃÀÐÅ ÐÀÑÀÄ, ×Ќ ÕÀÍÄÀÌ?!

№04 (54)

ШОИРИ МЕЊРУ ВАФО

ШАЊОМАТИ ОЗМУНИ «ШУКЎЊИХОНЇ»

Бахшида ба 90-солагии Шоири халќии Тољикистон Аминљон Шукўњї дар гимназияи №4 озмуни шањрии «Шукўњихонї» байни хонандагони синфњои 8-11 баргузор гардид. Дар он 36 нафар толибилмон ширкат варзиданд. Шарти озмун кироати шеър аз ашъори шоир Аминљон Шукўњї буда, дар он мањорати шеърдониву шеърхонї ва њунари ровигии хонандагон санљида шуд. Њайати њакамони озмун шоир Неъмат Оташ, Бањроми Рањматзод, корманди Донишгоњи такмили ихтисос Мањбуба Усмонова ва мушовири фанни забон ва адабиёт Абдурањмонова Кибриёхон буданд. Дар оѓози озмун сањна аз њаёти шоир намоиш дода шуда, хонандагони гимназияи №4 аз ашъори шоир шеърњо ќироат намуданд. Љои аввал насиби хонандаи синфи 10 «б» Зарифзода Љаъфар аз гимназияи №4 гардид. Ба маќоми дуюм хонандаи синфи 10 «б» Аббосљонова Умеда аз МТМУ №11 сазовор дониста шуд. Хонандаи синфи 10 «а» Абдуллоев Дилшод аз МТМУ №30 ба љойи сеюм сазовор гашт. Њамчунин бо ифтихорномањои шуъбаи маориф хонандагони мактабњои №19, 9, 28, 3, 16, 20, 15, м\х Пўлотов сарфарозонида шуданд. Озмуни вилоятии «Шукўњихонї» дар китобхонаи вилоятии бачагона гузаронида шуд, ки дар он ањли адаби вилоят иштирок доштанд. 11 нафар ѓолибони озмуни шањрии «Шукўњихонї» дар озмуни вилоятї ширкат варзида, аз тарафи Иттифоќи суѓдии нависандагони вилоят бо ифтихорнома ва тўњфањои хотиравї ба маблаѓи 300 сомонї (маљмўаи китобњо) ќадрдонї карда шуданд. Нуъмон РАЉАБЗОДА, Замира НАБИЕВА

КИТОБ САЙЌАЛБАХШИ ХИРАДУ ДОНИШ Дар гимназияи №4 чорабинии адабї-фарњангї тањти унвони «Китоб - равшании аќл» бахшида ба фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» баргузор гардид. Дар чорабинї мењмонон аз бахши суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон Муњаммад Субњон, Муњиддин Хољазод, Абдуфаттоњ Кулолї, намояндагон аз китобхонаи вилоятии бачагона Рањимова Х, Осимова М, Усмонова М ванамояндаи њафтаномаи «Омўзгор» дар вилояти Суѓд Нуъмон Раљабзода њузур доштанд. Хонандагон дар чорабинї хеле фаъолона ширкат варзида, аз таърихи пайдоиши китоб, ривољу равнаќи китобчопкунї бо забонњои русиву тољикї маълумот доданд,

шеърњову гуфторњои пурмуњтаво ќироат намуданд. Барои хушњолии њозирин сањнача ва раќсу суруд аз тарафи хонандагон намоиш дода шуд. Инчунин бо хонандагон бозии шавќовари «Кї зудтар меёбад?» доири мавзўи китоб гузаронида шуда, ѓолибон ва фаъолон аз тарафи маъмурияти гимназия бо тўњфањои хотиравї њавасманд гардонида шуданд. Дар љамъбаст ањли илму адаб ба сухан баромада, бо хонандагон дар бобати китобу китобдўстї ва суханварию суханшиносї сўњбати гуворо оростанд. Директори гимназия Зулфия Ашўрова барои ташриф ва мулоќоти судманд бо хонандагон ба ањли адаб самимона арзи сипос намуд.

ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВЇ Баргузории дарсњои кушоди намунавї дар муассисањои таълимии шањри Хуљанд ба њукми анъана даромадааст. Омўзгорони фаъолу соњибтаљриба аз фанњои мухталиф бо гузаронидани дарсњо таљрибаи кории худро пањн намуда, мубодилаи афкор менамоянд. Ин имкон медињад, ки мутахассисони љавон ба дарсњо иштирок карда, таљрибаи худро боз њам баландтар бардоранд. Дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №19 бо иштироки омўзгорони фанни љуѓрофия дарси кушоди намунавї баргузор гардид. Муаллимаи фаъолу эљодкор Муяссар Раљабова дар синфи 8 дар мавзўи «Ноњияи иќтисодии Њисор» дарси худро дар сатњи баланд гузаронд, ки иштирокчиён ба

тарзи драсгузарии муаллима бањои баланд доданд. Бо истифода аз таљњизоти технологии навин Муяссар Раљабова дарси худро оѓоз намуда, бахшида ба таљлили љашни 300-солагии Њисори Шодмон дар бораи ноњия, иќтисодиёт, саноат, кишоварзї ва рушди соњањои хољагии халќ маълумоти муфассал дод. Хонандагон низ ба тайёрии њаматарафа ба саволњо посухњои ќонеъкунанда медоданд ва умуман сатњи дониш ва љуѓрофидонии онњо мавриди тањсину ситоиш аст. Дар дарси М. Раљабова мушовири шуъбаи маориф М. Юлдошева низ иштирок карда, барои баргузории чунин дарси намунавї ба шогирдону муаллима арзи сипос намуд. Хабарнигори «Оламоро»

Њар ки бањри сулњ имзо мекунад, Бењтарин коре ба дунё мекунад. Карда имзо, душманони сулњро Рўсияњ, шарманда, расво мекунад. Муњиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шањри Хуљанд, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. То давраи Инќилоби октябр дар мактаби кўњна, баъдтар дар мактаби Шўравї таълим гирифтааст. Соли 1925 баъди хатми курси педагогии шањри Самарќанд ба касби муаллимї машѓул мешавад. Баъди чанд соли муаллимї ў солњои 1928-29 дар Институти мусиќии шањри Самарќанд тањсил менамояд. Солњои 193237 роњбари адабии Театри драмаи мусиќии Ленинобод ва муаллими Омўзишгоњи мусиќии шањри Ленинобод буд. Соли 1937 ба Душанбе омада, дар театри мусиќии шањри Душанбе, ки соли 1940 ба театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнї табдил дода шуд, кор кард. Солњои охири умрашро дар шањри Хуљанд гузаронида, дар ин љо асосан ба кори эљодї машѓул буд. Ў 1уми сентябри соли 1966 дар шањри Ленинобод аз олам чашм пўшид. Бахшида ба ёдбуд ва 110-солагии шоир М. Аминзода дар МТМУ №2 шањри Хуљанд конфронси илмиву адабї тањти унвони «Шоири мењру вафо» бо иштироки писари шоир Мўњсин Аминзода, шоира Муаттар Ѓаниева ва намояндаи шўъбаи маориф Абдурањмонова Кибриёхон баргузор гардид. Дар конфронс шеърњо аз ашъори шоир аз љониби хонандагон хонда шуданд. Инчуни хонандагони синфи 10-уми МТМУ №2 сањнае аз њаёти М. Аминзода намоиш доданд. Оид ба њаёт ва фаъолияти шоир Муњиддин Аминзода наќлњо намуданд. Кибриёхон АБДУРАЊМОНОВА

ЧЇ БЕЊТАР? КИТОБ Ё ИНТЕРНЕТ?! Дар МТМУ №28 тибќи наќшаи кории шўъбаи маориф бахшида ба «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» доир ба мавзўи «Китоб ё Интернет» мизи мудаввар бо иштироки хонандагони синфњои 10-11 ва бо ташрифи мењмон, собиќадори мењнат, шоир Мирзо Ањмади Љўразод баргузор гардид. Дар оѓози чорабинї хонандагони синфњои 5-7 композитсияи адабї намоиш дода, васфи китоб шеъру гуфторњо ќироат карданд. Сипас хонандагони синфњои 10-11 дар мизи мудаввар бањсњои љолиб карда, доири мавзўи «Китоб ё Интернет» байни њам бањсу

мунозира намуданд. Хонандагон фаъолона оид ба бартарии китоб ва пешрафти техникаву технологияи муосир фикру аќидањои худро баён доштанд. Дар хотима мењмони чорабинї Мирзо Ањмади Љўразод ба бањс њамроњ шуда оиди мероси ниёгонамон, сарчашмаи илму дониш, ганљинаи бебањо ба њисоб рафтани китоб ибрози аќида намуда, насли наврасро новобаста аз пешрафти техникаву технологияи муосир ба дўстдории китоб ва бузургдошти он даъват намуда, оид ба мавзўъњои Тољикистон, Модар, китоб бо ќироати ашъори нав хотири њозиронро болида намуд. Замира НАБИЕВА

ПИРЎЗИИ ШОГИРДОНИ ЛИТСЕЙ

Дар Љумњурии Ќазоќис тон озмуни лоињавии компютерї баргузор гардид, ки дар он як гурўњ шогирдони литсейи муштараки тољикию туркї дар шањри Хуљанд иштирок карда, сазовори ду медали тилло ва ду медали нуќра гардиданд. Хонандагони синфи 10 Амир Шарифов ва Одилљон Љалолов бо лоињаи намоиши филми тарбиявї бо номи «Пушаймонї» иштирок карда, сазовори маќоми аввал ва медали тилло гардиданд. Хонандагони синфи 9 Ањрор Назиров ва Акбар Назаров бо лоињаи барномасозї баромад карда, сазовори маќоми дуввум ва медали нуќра гардиданд. Шогирдонро ба озмунњои лоињавї муаллими фанни технологияи информат-

раён мегирад. Њусни хати кї зебо? байни синфњои 5 «а» 5 «б», байтбараки озод доири наврўзи оламафрўз хонандагони синфи 6, имлои санљишї, саволу љавоб доири мавзўъњо забон ва адабиёт, Њофизхонї, Мавлавихонї байни синфњои 9 ва 10, иншои Наврўзи хуљастапай, тањлилњои фонетикї, морфологї, синтаксисї баргузор гардид. Хонандагон дар њафтаи забон ва адабиёти тољик бо масъулияти баланд ширкат варзиданд. Инчунин ровии бењтарин насиби хонандаи синфи 9 Муњаммад гардид. Фаъолияти бештар хонандагон Мењрубон, Адиба, Бахтовар, Назирхон, Дилшод, Парвина, Шањром, Фирдавс, Муњаммадхўља, Нигора, Мафтуна, Кибриёхон ба даст оварданд. Ѓолибон бо Ифтихорномањо сарфароз гардиданд. Мењрубон АМОНОВА хонандаи МТМУ №31

сионї Шўњрат Абдуназаров омода намудааст. Хонандагоне, ки маќоми аввал ва медали тиллоро сазовор гардиданд, баъди хатми синфи 11 барои идомаи тањсил дар Донишгоњи ба номи Сулаймон Демирели Љумњурии Ќазоќистон идома роњхат гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки бо сарварии мудири литсей Хуршед Каримов соли гузашта дар олимпиадањои байналмилалї 27 нафар соњиби љойњои ифтихорї гардиданд. Шогирдони литсей барои иштирок дар дигар озмунњои байналмилалї омодагии њаматарафа мебинанд ва барои таълиму тадриси онњо дар таълимгоњ шароити бењтарин фароњам оварда шудааст. Мавлуда РЎЗИЕВА

ТОЉИ САРИ ДЎСТОН Дар толори фарњангии МТМУ №25 бахшида ба Фестивали Љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тољикистон» композитсияи адабї-мусиќї бо номи «Тољи сари дўстон» бахшида ба 105-солагии шоир-нависанда Рањим Љалил бо иштироки мудири шўъбаи адабиётњои бачагонаи иттифоќи нависандагони вилояти Суѓд Муњаммад Субњон, шоир Абдуфаттоњ Кулолї, љонишини директори китобхонаи бачагонаи вилоятї, муаллима Рањимова Хайринисо, мењмонон аз китобхонаи ба номи Тошхўља Асирї ва 8 нафар омўзгорони гимназияи Нур вохўрї гузаронида шуд. Сароѓоз директори

мактаб Зунунхољаев З.М. мењмононро муаррифї намуда, онњоро ба ин махзангоњи илму маърифат хайрамаќдам гуфт. Хонандагони мактаб оиди китоб ва китобхонї, эњтиёт намудани китоб шеърњо хонда, сањнањои адабї намоиш дода, оид ба тарзи хуб нигањдории китобњои дарсї ва бадеї баромадњо намуданд. Мудири шўъбаи адабиёти бачагонаи иттифоќи нависандагони вилояти Суѓд Муњаммад Субњон, шоири ширинкалом Абдуфаттоњ Кулолї аз фаъолияту эљодиёташон наќлњо карда, шеърњои тозанашри худро ќироат намуданд. Хабарнигори «Оламоро»

ЊАФТАИ КИТОБЊОИ НАВРАСОН ВА БАЧЧАГОН Дар ин њафта, њамаи хонандагони мактаб фаъолона иштирок карданд. Инчунин дар ин њафта бахшида ба 100солагии шоири баччагон ва наврасон Њољї Содиќ љамъомади тантанавї гузаронида шуд. Дар охири њафта хонандагони фаъол бо ифтихорнама сарфароз гардиданд.

ЊУКМИ АНЪАНА

Њафтањои фаннї хонандагонро водор мекунанд, ки масъулият њис намоянд, дониши худро бисанљанд, кўшиш намоянд ба саволњо љавоби муносиб дода, љойи намоёнро ишѓол намоянд. Гузаронидани њафтањои фаннї дар МТМУ №31 ба њукми анъана даромадааст. Њафтаи фаннї дар моњи март аз фанни забон ва адабиёти тољик идома ёфт. Рами кушодашавиро директори мактаб Ѓаффоров Шарифљон оѓоз намуда, ба хонандагон дар ин њафта муваффаќиятњо орзу намуд. Омўзгори забон ва адабиёт Баротов Усмон доири мавзўњои њафта маълумот дода, чунин иброз намуд: Толибилмони азиз, майдон аз далер аст. Чуноне шоире гуфтааст: Далерї кун, ки майдон аз далер аст, Агар рўбоњ далер афтад шер аст. Њафта бо чунин мавзўъњо ља-

30.04.2014

Дар МТМУ №23 њафтаи аввали моњи апрел њафтаи китобњои баччагон ва наврасон баргузор гардид.

Комрони РАЉАБЗОД, Хонандаи синфи 10, МТМУ №23

ЃОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ТАСПО» Дар литсей-интернати тољикї-туркии иќтисодии Шањри Душанбе озмуни љумњуриявии лоињавии фанњои даќиќ «ТАСПО2014» баргузор гардид. Дар ин озмун зиёда 60 лоиња пешнињод гардид Аз литсей-интернати муштараки тољикї-туркии шањри Хуљанд 20 хонанда бо пешнињоди 10 лоиња иштирок намуданд. Шогирдони литсей-интернати тољикї-туркии шањри Хуљанд аз 10 лоињаи пешнињодгардида соњиби 6 љойњои ифтихорї

гардиданд. Хонандагони литсей: Равшанљон Мирзољонов, Мирзоикром Шарипов, Бањром Њакимов, Назирљон Толибов, Далер Рустамов, Љавоњир Њайдаров, Эраљ Ќосимов, Хушбахт Набиев, Шањнозахон Рустамова, Шањзода Каримова, Нилуфари Аюбї, Амонулло Раззоќзода, Зуњал Сафаров соњиби 2 медали тилло, 4 медали нуќра ва 7 медали биринљї гаштанд, ки мо онњоро табрик мегўем. Мавлуда РЎЗИЕВА


30.04.2014

ÁÀ ÈÔÒÈÕÎÐÈ 600-ÑÎËÀÃÈÈ ÌÀÂËÎÍÎ ÀÁÄÓÐÀ²ÌÎÍÈ ¯ÎÌЌ

3

№04 (54)

ЉОМЇ, ОН ОФТОБИ НУРОНЇ

ШАРЊИ ЊОЛ

Номи асосии адиб Абдуррањмон, лаќабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Љомї дар тамоми дунё машњур гардидааст. Нуриддин Абдуррањмони Љомї соли 1414 дар дењаи Харгарди вилояти Љом ба дунё омадааст. Дар ин маврид шоир чунин гуфтааст: Мавлидам Љом ва рашҳаи қаламам, Лољарам дар љаридаи ашъор, Љуръаи Љомї шайхи исломист. Ба ду маъно тахаллусам Љомист. Падар ва бобои Љомї мардони бофазлу дониш буданд. Њангоме, ки Љомї 11-сола мешавад, оилаи онњо аз вилояти Љом ба Њирот меоянд. То ин дам Абдуррањмон дар Љом, дар назди падараш Низомиддин Ањмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу нањви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Љомї Абдулѓафури Лорї чунин менависад; «Рўзе сухан аз устодон ва муаллимони њазрати эшон (Љомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд , ки мо ба њаќиќат шогирди падари худем, ки забон аз вай омўхтаем». Баъд аз ин Абдурањмон дар Њирот, дар мадрасаи Низомия тањсили илмро давом медињад. Ў дар назди Мавлоно Љунайди усули забони араби, асарњои «Мухтасарулмаонї», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омўхта доир ба илмњои њикмат ва мантиќ аз олимони машњури замон Хоља Алии Самарќандї ва Шањобиддин Муњаммади Љољармї сабаќ мегирад. Љомї аз кўдакї зењни бурро ва аќли расо дошт. Ў дорои хислати аљибе буд; ба њар як чиз, ба њар як њодиса аз нуќтаи назари танќидї, кунљковї назар мекард, бештар ба илмњои даќиќ майлу рағбат дошт. Љомї ба як бор хондан моњияти асосии масъаларо дарк мекард. Ў монанди шогирдони дигар дар бањсу мунозирањо худнамои намекард, баръакс, дар он љойњо орому ботамкин буд. Ќобилияту истеъдоди Абдурањмони Љомї чунон бузург буд, ки њатто устодон аз ўњдаи дарс додани ў баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулваќоеъ» Зайниддин Мањмуди Восифи наќли аљибе овардааст, ки он «Њамсаи мутањаййира» («Панљгонаи њайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад. Онњо панљ нафар буданд, панљ нафар толибилм, донишљў. Њоло онњо дар њучраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муњаммади Љољармї вориди њучра шуд. Шогирдон-Абдурањмон, Њусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз љой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онњо вазифаи хонагиро пурсид. Љавоби пурра ва сањењ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машњур «Шарњи тарид»-и Мавлоно Алии Ќўшчиро тадрис мекард. Њангоми шарњу маънидоди баъзе масъалањои асар дар байни муаллиму шогирдон бањсу мунозира ављ мегирифт, гоњо шогирдон ғолиб мебаромаданд. – Чї бояд кард? «Илољи воќеа пеш аз вуќўъ» гирифтаанд, -андеша мекард, рох мељуст устод. – Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кўи бекорї андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рўз мутолиа кунам ва ба дарсгуии шогирдон нағзтар тайёр шавам. Мавлоно Муњаммади Љољармї шогирдонро ба мўњлати 40-рўз бо сабаби «касалї» ва ба «табобат» машгул шудани худ љавоб дод.

Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онњо ќарор доданд, ки њар рўз дар масљиди Мулкон љамъ омада, як нафарашон муаллим шавад. Ба њамин тариќ, дар муддати 40-рўз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Љољармї њам дар ин муддат шабу рўз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришњои нињоят душворро тайёр мекард. Ў аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Нињоят рўзи 40-ум ба шогирдон хабар медињанд, ки устод аз «бистари беморї» хестааст ва имрўз дарс мегуяд. Онњо ба дарс њозир шуданд. Мавлоно ба шарњи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод љавоб доданд. Мавлоно њайрон шуд ва гуфт; -Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гўям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, љавон њам бошед, дигар шуморо њељ кас ќудрати дарс додан надорад. Њамаи илмњоро аз худ кардаед. Ба шумо роњи сафед металабам. Он чор нафар шарикдарсони Љомї, ки зикрашон дар боло рафт, дар њаќиќат олимони машњури замони худ шуданд. Баъд аз ин њодиса Абдурањмони Љомї дар синни 23-солагиаш ба Самарќанд меояд. Љомї чанд муддат дар назди Ќозизодаи Румї аз илмњои њисоб, риёзиёт ва нуљум таълим мегирад. Ў натанњо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корњои илмии Ќозизода ёрї мерасонд. Љомї дар базмњои муллобачањо иштирок намекард. Нафрат дошт. Ў бештар дар бањсу мунозирањои олимони машњур њозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Љомї суханро дароз намекард. Суханњояш муљаз ва бомаънї буданд. Дар љамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Љомї ба ин пешаи эљодї шавќи беандоза дорад. Абдурањмони Љомї соли 1453 ба Њирот меояд. Ў аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгуи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба тањсили илм, аз љумла, илми шеър машѓул гардид. Дар ин айём Љомї бо яке аз бузургони љараёни наќшбандия Саъдиддини Ќошгарї (ваф.1456) шиносои пайдо карда, ин фирќаро ќабул мекунад. Пас аз марги устоди рўњонии худ—Саъдиддини Ќошгарї Љомї роњбари маслаки Наќшбандияи Хуросон мешавад. Ў муридони зиёд дошт, ба онњо таълим медод, нозукињои маслаки наќшбандияро меомўзонд. Абдулѓафури Лорї яке аз муридони бовафои Љомї ба њисоб мерафт. Абдурањмони Љомї дар њаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шањрњои Самарќанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тулонии Љомї соли 1472 дар моњи август оѓоз ёфт. Ў шањрњои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домѓон Ќазвин, Њамадон, Баѓдодро саёњат карда, бо арбобони илму адаби ин шањрњо вохўрд, сўњбатњо орост. Дар њар љо Љомиро иззату эњтиром мекарданд. Љомї Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Њирот боз мегардад. Поёни умри Љомї дар Њирот гузашт. Ў ба эљод кардани асарњои илмиву адаби батамом машгул буд. Як даќиќа ваќти худро бекор намегузаронд. Танњо ба мактаби адабии Њирот роњбари карда, ба шоирони љавон маслињатњои муфид медод. Љомї дўстони бисёр дошт, ки бо онњо базми шеъру суруд меорост, сўњбатњои дилангез мекард. Яке аз шогирдони бењтарини Љомї Алишери Навої буд. Муносибати онњо на њамчун устоду шогирд, балки мисли ду дўсти љонї, ду њамкору њаммаслак ба назар мерасид. Абдураҳмони Љомї соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст.

ОСОРИ ИЛМИВУ АДАБЇ

Мавлоно Абдуррањмони Љомї осори манзуму мансури худро вобаста ба илмњову фанњо ва мавзўъњои мухталиф бо жанрњои гуногуни адабї эљод намудааст. Аз ин рў, осори Мавлоно Љомї аз нигоњи жанриву мавзўї ва фаннї ба гурўњњои мухталиф табаќабандї карда ме-

шаванд. А). Девонњои сегона муштамил бар ќасидањо, ѓазалиёт, рубоиёт ва ашъор: - Фотињат-уш-шубоб (девони аввал); - Воситат-ул-иќд (девони дувум); - Хотимат-ул-њаёт (девони савум). Б). Маснавињои Њафт авранг: - Силсилат-уз-Зањаб; - Саломон ва Абсол; - Тўњфат-ул-Ањрор; - Субњат-ул-Аброр; - Юсуф ва Зулайхо; - Лайлї ва Маљнун; - Хирадномаи Искандарї. В). Шарњнависї: - Тарљумаи Чињил њадис (тарљумаи тафсирї); - Шарњи байтайни Маснавї; - Шарњи њадиси Аберазин ал-Уќайлї; - Шарњи байти Амир Хусрав; - Шарњи рубоиёт; - Тафсири Қуръон (аз ояти аввал то ояти 38-и сураи Бақара) - Наќд-ун-нусус фї шарњи «Наќш-улфусус»; - Шарњи ќасидаи тоия; - Шарњи «Мифтоњ-ул-uайб»; - Лавомеъ фї шарњи ќасидаи мимияи хамрияи Форизия. Г). Муаммонависї (тамрину такмили фикрронї): - Рисолаи кабир дар муаммо; - Рисолаи мутавассит дар муаммо; - Рисолаи саѓир дар муаммо; - Рисолаи асѓар дар муаммо. Ѓ). Адабиётшиносї: - Рисолаи ќофия; - Рисолаи арўз. Д). Мусиќишиносї: - Рисолаи мусиќї. Е). Номанависї ва ё њуљљатнигорї: - Рисолаи муншаот; - Рисолаи љавоби саволу љавоби Њиндустон. Ё). Асари тарбиявї: - Бањористон. Ж). Осори маноќибиву таърихї: - Нафањот-ул-унс мин њазарот-ил-ќудс; - Рисолаи суханони Хоља Порсо. З). Забоншиносї: - Фавоид-уз-зиёийя; - Сарфи форсии манзуму мансур. И). Осори мазњабиву ирфонї: - Рисолаи шароити зикр; - Рисолаи маносики њаљ; - Тањќиќ-ул-мазоњиб; - Рисолаи кабири маносики њаљ; - Шавоњид-ун-нубувват лї таќвият-илфутувват. Й) Нуљум: - Китобе оид ва ба њайат. Умуман осори Мавлоно Абдуррањмони Љомї такя ба ќавлу далоили тазкиранигорон зиёда аз 50 адад мебошад.

БУЗУРГОН ДАР ВАСФИ МАВЛОНО ЉОМЇ

Алишери Навої дар мавриди Абдуррањмони Љомї ба ин тавр зикр намудааст: «Љомї дар ҳамаи улум ва фунун ба мақоме расидааст, ки барои посухгўї ба мушкилоти илмї ва адабї ва динї ниёзе ба мурољеа ба кутуб ва маохиз надорад». Алишер Навої овардааст, ки «љомеи уламо ва акобир ва ашрофи шањр ба он кас мулозимат ва тараддуд бунёд карданд, то њатто ки аркони давлат ва аъёни њазрат ва умарои олишаън ва судуру вузарои рафеъмакони подшоњи замон, балки султони аср њам ба остони он кас, ки каъбаи маќсуд ва ќиблаи мурод буд, ташриф меоваранд, балки худро мушарраф мекарданд, ба тавре, ки арљмандони давр ва сарбаландони ањд ба остони олишаъни он њазрат рў менињоданд ва илтиљо меоварданд ва ниёзмандони дигару оммаи бехешу пайванд њам чашмони худро аз хоки он дар равшан мекарданд». Абдулвасеи Низомї наќл кардааст: «Аксари кутуб ва расоили машњури манзуму мансур, ки дар замони њаёти он њазрат раќамзадаи килки тартибу таъдлифи бузургон ва хурдони Эрону Тўрон аст, њатто рисолаи туркияи њумоюни аъло њазрати султони соњибќиронии кишварситонї (яъне Њусайни Бойќаро) ва

«Хамса»-и закияи фузун аз ињотаи чанду чуни аълољаноби махдумии мамлкатпаноњии муќарраби султонї (яъне, Навої) њама мувашшањ ба ному авсоф ва мусаддар ба мадњу алќоби эшон (яъне Абдуррањмони Љомї) аст». Абдулѓафури Лорї чунин ќайд кардааст: «Малоњати такаллум бар эшон ба ѓоят ѓолиб буд. Латоиф ва суханони шавќангез бисёр мефармуданд ва мутоиба бисёр мекарданд… Њар касе ба мулозимати њазрати эшон меомад, хоњ вазеъ ва хоњ шариф, бо вай менишастанд ва таваќќуф менамуданд, то аввал вай бархезад, чунончи билохира мудовамат бар ин маънї муаддї ба баъзе амроз шуд ва саъй медоштанд, ки дар маљлис фурўтар нишинанд ва то муяссар шудї, бар остон менишастанд ва бо фурўдтарин мардум дар таом хўрдан шарик мегаштанд. Дар хўрданињо баѓоят бетакаллуф буданд ва ба таомњои бетакаллуф бештар майл медоштанд». Зайниддин Маҳмуди Восифї дар асари маъруфи худ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” Мавлоно Љомиро яке аз панљ нафар шахсиятҳои ҳайратовари замонаш номидааст. Камолиддини Биної Мавлоно Љомиро чунин васф кардааст: Љомї, он офтоби нуронї, Он мунаввар ба нури субҳонї. Мирзо Турсунзода Абдуррањмони Љомиро чунин васф кардааст: «Афкори олї ва наљибона, ки дар либоси назми пок ва самимона ороста шудааст, номи Љомиро барои наслњои имрўза ва оянда муњиб ва љовид гардонидаанд». Адиби олмонї Гёте гуфтааст: “Азбаски ў тамоми ҳусну қубҳи осори пешгузаштагонашро мисли як дарза ба ҳам пайваста, онро пайравї намуд, нав кард ва инкишоф дод ва ба таври равшан он ҳамаро дар худ таљассум кард, ба наслҳои аз паси ў оянда роҳи дигаре намонд, ба љуз он ки худро пайрави ў созанд, ба шарти он ки сатҳи бадастовардаи ўро паст накунанд”.

АШЪОРИ ЊАКИМОНА

Баъди рафъи салому савќи калом, Дар баёни камоли шавќу изом. Мекунад арза бо њазор ниёз. Банда Љомї дар ин љаридаи роз.

*** Ќимати мард на аз симу зар аст, Ќимати мард ба ќадри њунар аст. Ай басо банда, ки аз касби њунар, Ќадраш аз хоља басе бештар аст. В-ай, басо хоља, ки аз бењунарї, Дар рањи бандаи худ пайсипар аст! *** Чун субњи азал зи ишќ дам зад, Ишќ оташи шавќ дар ќалам зад, Аз лавњи адам ќалам сар афрошт, Сад наќши бадеъпайкар ангошт. *** Он бењ, ки зи асбоби мараз парњезї, В-аз нанги табибони даѓал бигрезї. Ногашта тињї меъда, ба хон наншинї, З-он пеш, ки меъда пур кунї, бархезї. *** Ранље, ки ба худ намеписандам, Чун бар дигаре расад, чї хандам?! *** Макун њамнишинї ба њар бадсиришт, Ки дуздад аз ў табъи ту хўи зишт. Шавї аз бадї пур, зи некї тињї, В-аз он набвадат заррае огањї. Чї хуш гуфт дењќони софї зи ранг, Ки ангур гирад зи ангур ранг. *** Чу бояд бузургї-т пиронасар, Ба чашми бузургї ба пирон нигар. Ба хурдон ба чашми њаќорат мабин, Басо хурд садри бузургинишин. Њаме кун ба пирони бекас касї, К-аз ин шева, донам, ба пирї расї. Ба тахсис пире, ки сарвар бувад, Ба пирї ба њам пирпарвар бувад. Зи нодон, ки асрордони сухан, Набошад, бигардон инони сухан. Тањияи Фаррух КАМОЛОВ, Нўъмон РАЉАБЗОДА


4

№04 (54)

ÁÀ ÕÓÐÄÎÍ ÁÀ ×ÀØÌÈ ²À£ÎÐÀÒ ÌÀÁÈÍ, ÁÀÑÎ ÕÓÐÄ ÑÀÄÐÈ ÁÓÇÓÐÃÈÍÈØÈÍ.

30.04.2014

ПАРВОЗИ КАБЎТАРЊО

Њоло дар мамлакатамон барои рушди илм ва технология њаматарафа мекўшанд. Бинобар ин тўли чанд сол мешавад, ки дар тамоми мактабњои кишварамон барои баланд бардоштани сифати таълим, дониши хонандагон ва рушди маърифати онњо якчанд озмунњои фаннї гузаронида мешаванд. Њар сол хонандагони мактаби ѓайридавлатии хусусии «Паймони азизон» дар радифи дигар мактабњо дар озмунњои гуногун иштирок намуда, сазовори љойњои намоён мегарданд. Мо бо донишандўзони таълимгоњамон Њусейнов Азалхон хонандаи синфи 11 «б» ки дар озмуни вилоятии «Парвози мушак» иштирок намуда, соњиби љойи 2-юм гирдид. Набиева Малика хонандаи синфи 9 «б» иштирокчии озмуни вилоятии «Кайњон аз нигоњи ман» буда, сазовори љойи 1-ум гардид ва хонандаи синфи 8 «б» Бобоев Саидамир ки ў низ дар олимпиада аз фанни физика иштирок намуда, дар шањр сазовори љойи 2-юм гардид, ифтихор менамоем. Яке аз озмунњои бењтарин, ки толибилмони мо бо завќи баланди бадеї иштирок менамоянд, «Академияи хурди илмњо» мебошад. Иштироккунандагони ин озмун Усмонов Камолиддин ва Рањматова Умеда мебошанд. Бояд гуфт, ки иштирок дар ин озмуни зикршуда аз фанни физика ба онњо муваффаќиятњои зиёд овард. Яке бо фурудгоњи байналмиллалии вилояти Суѓд корбарї карду дигаре бо олимон, мутахассисони соњаи радиатсия. Дар њаќиќат дар давоми кор дар дили њар яки онњо нисбати илм, касбу њунар шафќу завќи баланд пайдо мешуданд ва њар гоње, ки мушкилотњо садди роњашон шавад, рўњан дастгорї мекардам. Зеро аз худ кардани илм низ ќањрамонист. Ба

монанди: Фарзандони миллат Абўалї ибни Сино, Абумањмуди Хуљандї, Абдурайњони Берунї бузург мебошанд, ки бо осори бузурги хеш дар тамоми олам машњур гаштаанд. Љањониён аз илми тиб, ки бо он Ибни Сино сару кор дошт бањра бардошта, дар пешравии илми тиб корњои зиёдеро ба сомон расондаанд. Яке аз маъруфтарин олими тољик Абўмањмуди Хуљандї, ки бо аќлу заковати хеш асбобњоеро ихтироъ намуд, ки дар оянда дар расадхонањои дунё истифода мебурданд. Абдурайњони Берунї бошад аз донишмандоне буд, ки бо илми фалсафа, фиќњ шуѓл меварзид ва бо мероси илмии хеш оламгир гаштааст. Бинобар ин, бояд донишандўзони мо аз фозилони миллат ибрат бигиранд ва оламбардори гузаштагон бошанд. Бояд гуфт, ки ин ду нафар толибилми ом низ барои ба муваффаќият соњиб шудан, тули 3 сол инљониб дар атрофи мавзўъњояшон корбарї мекунанд. «Ман дар оянда њавонавард шудан мехоњам, - мегўяд Усмонов Камолиддин ва ин кори илмии ман боз дар дилам мењри бисёртарро љой дод, ман хушбахтона бо мутахассисони ин соња шинос шудам. Бо ќисмњо њавопаймо ва нозукињои ин касб шинос шудам. Дар асоси он якчанд пешнињодњои илмї ноз пайдо шуд ва њоло дар атрофи он корбарї крда истодаам, ки ин њам бошад эмин нигоњ доштани њавопаймои мусофиркаш аз њодисањои нохуш, ки он яке аз аввалин кашфиёти ман ба њисоб меравад». Донишандўзи болаёќати мактабамон Рањматова Умеда мебошад. Ў њам тули 3 сол мешавад, ки дар атрофи мавзўи интихобкардааш «Радиатсия ва њаёт» корбарї мекунад. Ў низ иштирокчии озмуни шањрї буда, соњиби љойи 2-юм гардидааст. Умеда низ дар давоми

кори илмии худ тавонист бо мутахассисони соњаи радиатсия, устодон, донишмандон, профессорони ДДХ ба номи Бобољон Ѓафуров Абдуманнонов А ва Муртазоев Х њамкорї кунад. Дар рафти кори худ, ў тавонист миќдори партовгоњњои радиатсионии вилояти Суѓдро муайян кунад ва моњияти таъсироти баланди ин нурњоро фањмида, онро ташхис намуда, барои њар мањалли шањри Хуљанд ва атрофи он муайян кунад. «Дар замони имрўза мо бояд худ дарк намоем, ки солимии љомеа аз тоза нигоњ доштани муњити зист мебошад, - мегўяд Умеда ва имрўз мехоњем таъсироти нурњои радиатсиониро то дараљае паст намоем, зеро миќдори зиёди касалињои анкологї, пўст ва роњњои нафас ба онњо вобаста аст». Дар давоми кори илмиаш миќдори зарари онро муайян мекунад. Умеда дар оянда касби табибиро пеша карданист ва ин кор илмиаш барои интихоби касбаш такони бузурге дод ва њоло низ мехо-

РАВШАНГАРИ ДИЛУ ДИДА ФОЛИ НЕК Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Эмомалї Рањмон дар васфи занон гуфтаанд: «Занро одатан чароѓи хонадон меноманд, вале ў на танњо чароѓи хонадон, балки равшангари рўзгор ва сарчашмаи зиндагию њаёти мост». Наќши зани тољик дар солимгардонии халќу маънавиёти љомеа аз њарваќта дида бештар ба зуњур меояд, чї хеле ки мегўянд: Дару девори љањон худ дару девори зан аст, Кори дунё њама дар пайравии кори зан аст. Рўз аз хандаи ў равшанї гирад то шом, Моњи шаб шўълае аз дидаи бедори зан аст. Арљгузорї ба маќоми зан нишони фарњанги воло ва маданият аст, зеро зан чун офарандаи зиндагї дар рўи замин мављудияти дунёро давом мебахшад, занон низ дар баробари мардон чун нерўи бузурги созанда дар рушди љомеаи муосир сањми беандоза мегузоранд. Бахусус заноне, ки касби омўзгориро пеша кардаанд. Омўзгор чароѓи дурахшони љомеа мебошад, зеро роњи дурусти зиндагиро ба шогирдонаш меомўзонад бар хўрдан аз ахлоќи њамида љамъиятро рушд бахшанд Омўзгорони асиле, ки дурахши љомеа ва сањмгузори таќдири инсон њастанд, метавонанд ба њаёти инсон ба љилои худ таъсиргузору таъсирпазир бошанд. Яке аз онњо муаллимаи азиз ситораи дурахшон дар фазои таълиму тарбия Алиева Матлюбахон Муртазоевна мебошанд, ки 19 апрели соли 1954 ба олам омадаанд. Пас аз хатми мактаби миёна Матлюбахон ба ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров бахши забон ва адабиёти тољик дохил гашта, онро бо муваффаќият ба итмом расонда давомдињандаи касби падарашон Муртазо Надиров гаштанд. Њоло муаллима да МТМУ №19 кор ва фаъолият мебаранд, хонандагонро дар рўњияи инсондўстї ва мењнатдўстї тарбия менамоянд. Алиева Матлюбахон омўзгори пурдон, боистеъдод ва эљодкор буда, бо некўхислатии худ писанди њамагон гаштаанд. Таи чанд соли омўзгориашон ба муваффаќиятњои беназир ноил гашта, дорои чандин ифтихорномањову љоизањо гаштаанд. Шогирдони муаллима дониши љуќур, љањонбинии васеъ ва фаъолнокии баланд дошта, дар чорабинињои шањрї ва берун аз синфї иштирок карда, ифтихори муаллимаву мактаб гаштаанд. Ба муаллимаи азизу арљманд барори кору сарбаландї таманно менамоем ва бигзор боз солиёни дароз равшангари зиндагї ва ахтари тобони мактабу маориф бошанд. Хабарнигори «ОЛАМОРО»

Муассисон: Шуъбаи маорифи шањри Хуљанд ва Нўъмон Раљабов Сармуњаррир: Нўъмон РАЉАБЇ

Саидмухтор ЉАЛОЛОВ Нуралї НУРЗОД Мирзосаид МЎЪМИНОВ Муњайё АКМАЛХОЉАЕВА Зулфия АШЎРОВА Саноат САНГИНОВА

Бо расидани фасли бањор рўзгори куњан зиндагиро аз сар мегирад, табиат рахти нав ба тан мекунад ва дар рўњу љони одамон падид меояд. Иди Наврўзро, ки фарорасии он гармии љањонбахши бањорї оѓоз меёбад, љашни шукўњи табиат ва овони эњёи он гуфтаанд. Аз њамин лињоз дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 31 вохўрии толибилмон бо шоирони шинохта Нурмуњаммад Ниёзї, Озарахш ва адиби номвар Муњаммад Субњон баргузор гардид. Омўзгори забон ва адабиёти тољик, узви иттињоди рўзноманигорони Тољикистон Баротов Усмон вохўриро ифтитоњ намуда, доири пањлўњои эљодиёти Нурмуњаммад Ниёзї,

њад корбариашро давом дода, сазовори љойи бењтарин гардад. Чї хеле, ки бузургон гуфтаанд: бедории фикр, покизагии ахлоќ ва ташаккули ахлоќи инсон мањсули ранљу машаќќати омўзгор аст. Равшанкунандаи ањли башар ва афрўзандаи машъали илму дониш тавоноии омўзгор, муаллим ва устод аст. Ман њамчун омўзгор мехоњам дар оянда шогирдони бомаърифатро тарбия намуда, Тољикистони азизро бо мутахассисони пуртаљрибаю њамадон дар арсаи љањони муаррифї намоям. Зеро имрўзњо миллати тољик бо фарзандони фарзонаи хеш ифтихор дорад. Давлат, миллат, халќу мамлакат бо љавонони соњибтаљрибаю бомаърифат фахр менамояд. Бинобар ин, барои шумо гуфтаниям, шогирдони азиз, дар оянда чун кабўтарон дар осмони софи маърифат њамеша парвоз дошта бошед. Муяссар ФОЗИЛОВА, омўзгори фанни физика ва нуљум МТЃ мактаби «Паймони азизон»

Озарахш, Муњаммад Субњон изњори аќида кард. Хонандагони мактаб Мењрубон, Фирдавс, Нигора, Зебо, Бахтовар аз эљодиёти адибон шеърњо, порчањои насрї ќироат намуданд. Шоирон Нурмуњаммад Ниёзї, Озарахш ва нависанда Муњаммад Субњон шеърњо ва њаљвиёти намакини худро ба самъи сомеон расониданд. Љонишини директор оид ба корњои таълим Алиёрова Раънохон мењмононро хайрамаќдам гуфта, байти аллома Иќболро ќироат намуд: Ќадам бебоктар нењ дар њарими љони муштоќон, Ту соњибхонаї охир, чаро дуздона меої? Мењрубон АМОНОВА хонандаи МТМУ №31 шањри Хуљанд

ШЕЪРЊО ОИДИ ЊУЌУЌ ВА ЌОНУН

Ба лањни кўдакона

Ба шеъри шоирона

ман бисозам,

ман бинозам. Ватан, бошї њамеша шоду обод, Барои ин замона ман бинозам. Њуќуќ, озодият поянда бодо, Њаќиќат-дар дили њар банда бодо. Адолатро њама бошанд талабгор, Садоќат-содиќу фархунда бодо! ЊАЙАТИ ТАЊРИРИЯ: Акрам АСЛОНОВ Муњаббат ЁРМАТОВА Тўњфа МАМАДЉОНОВА Малоњат МАНСУРОВА Фирўза КАРИМОВА Шањноза ЗАРИФОВА

Дўст дорам, чашмаву оби туро, Сабзу хуррам њам чаманзори туро. Байраќи болобаландат парфишон Мепарастам, Маљлиси Олии туро. Ту нафсатро нигањ дор, марди нодон, Риоя бар њуќуќ, ин кори осон. Агар хонї китоби Сарќонун Шавї комилњуќуќ, мисли њар инсон. Рафоат ТОШОВА, омўзгор

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Замира НАБИЕВА Тањмина ОЧИЛЗОДА Матлуба РАЊМАТОВА

ЉДММ “МАТБУОТИ УРОТЕППА”-и шањри Истаравшан чоп шудааст 2300


Olamoro# 4_april_2014