Issuu on Google+

¹03 (53) 20 ìàðòè ñîëè 2014

Тçíîìà àç ìî³è ñåíòÿáðè ñîëè 2008 íàøð ìåøàâàä

ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ МАКТАБЇ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Хонандагону омўзгорони мактаби тањсилоти умумии № 27 шањри Хуљанд дар рўзњои Н аврўзи љањонї соњиби толори варзишї гаштанд. Ба ин муносибат Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Ањмадзода дар чорабинии ба истифода додани ин толори варзишї ширкат намуд. Дар сањни мактаб хонандагону омўзгорон ва сокинони мањалла деги суманак ва таомњои миллї гузошта, ин мавзеъро ба наврўзгоњ табдил доданд. Раиси шањри Хуљанд барои намоиши анъанањои мардумї, омода намудани дастурхони наврўзї ба њамаи иштирокдорон сипосмандї намуд. Баъдан бо иштироки фаъолони мањалла омўзгорон ва ширкаткунандагони базми наврўзї расми кушодашавии толори варзишии мактаби мазкур баргузор гардид. Омўзгорони маќтаб то ба ин рўз имконияти баргузор намудани дарсњои тарбияи љисмониро надоштанд. Дар интињои соли гузашта бо ташаббуси Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Ањмад-

зода сохтмони он шурўъ шуда буд. Барои сохтмони он аз буљаи мањаллї маблаѓ људо шуда, он сари ваќт ва бо талаботњои барои ин гуна иншоот пешбинї шуда, ба истифода дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки њарорати мусоиди толори мазкур дар фасли сармо тавассути маркази гармидињии худи мактаб нигоњ дошта мешавад. Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Ањмадзода зимни суханронии худ ќайд намуд, ки имрўз таваљљўњи њукумату давлат бо сарварии Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон барои фароњам овардани шароити хуби тањсили љавонону наврасон нигаронида шудааст. WWW. WWW. KHUJAND . TJ

ТЎЊФАЊОИ НАВРЎЗЇ БА КЎДАКОН

Мактаб парваришгоњи ёрира сони шањри Хуљанд дар иди Наврўз аз љониби Маќомоти иљроияи њокињокимияти давлатии шањри Хуљанд ва сарпарасти худ, Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати ЉумЉумњурии Тољикистон тўњфањои на врўзї гирифтанд. Дар чорабинии идонаи мактаби мазкур Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Ањмадзода, сардори Раёсати иќтисод ва молияи Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Саидбурњон Љамолов ва намояндаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Абдурањмон Рањмонов ширкат намуда, кулли толибилмон,тарбиятгирандагону муаллимонро бо фарорасии Наврўз табрик намуданд.

Бо ќувваи муњассилин барномаи фарњангии наврўзи пешкаш гардид,ки њозирон бо хушнудї пазируфтанд. Кумитаи меъморї ва сохтмон ба мактаб-парваришгоњ 18 мизу курсї барои хонандагон, 20 мизи корї барои омўзгорон ва куртаи мактабї тўњфа намуд. Аз љониби Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд барои 210 нафар хонандагон сарулибоси мактабї ва пойафзоли бањорона таќдим карда шуд. Дар нињояти чорабинї аз љониби Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд дастурхони идонаи наврўзї ороста шуд. Њоло дар мактаби мазкур 210 нафар кўдакони имконияташон мањдуд таълиму тарбия мегиранд. WWW. WWW. KHUJAND . TJ

РОБИТАИ МАКТАБУ ОИЛА

Тибќи супориши мудири шуъ баи маорифи шањри Хуљанд бањри татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољи кистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тар бияи фарзанд» роњбарони синф ва омўзгорон ба манзили волидайн ташриф оварда, ба шароити зисту зиндагї ва љойи дарстайрдарстайркунии онњо шинос гардида, бо пападару модарон оид ба пешрафти таълиму тарбияи фарзандонашон суњбату мулоќот анљом доданд. Мавриди зикр аст, ки ин иќдоми шоистаи шуъбаи маориф робитаи оила ва мактабро боз њам ќавитар мегардонад ва омўзгорон ба натиљаи рейтинги шогирдон зимни суњбати рўбарў волидайнро огоњ месозанд. Дар њамаи муассисањои таъ-

лимии шањр ин иќдоми наљиб дар сатњи баланд ба роњ монда шуд ва дар давоми ду њафта омўзгорону роњбарони синф ба манзили 676 нафар сокинони шањри Хуљанд ташриф оварда, бо онњо мулоќот намуда, барои боз њам баланд бардоштани сатњи таълиму тарбияи фарзандонашон маслињатњои судманд доданд. Ин иќдоми шуъбаи маориф писанди хотири волидайн гардид ва онњо тариќи телефон ба шуъбаи маориф арзи сипоси худро ба масъулини соња баён доштанд. Њамчунин ташрифи омўзгорон ва роњбарони синф ба манзили волидайни хонандагон аз тарафи кормандони шуъбаи маориф интихобан санљида шуд ва оянда низ он ба таври густурда идома хоњад ёфт. Нуъмон РАЉАБЗОДА

ФАРХУНДАЉАШНЊОИ БАЊОРЇ МУБОРАК БОД! Омўзгорони арљманд! Ба диёри зебоманзари мо фасли бањори хуљас-тапай ќадами мубораки хешро мегузорад ва дар оѓози ин фасли гулпироњан љашнњои Рўзи модарон, Иди матбуот ва Наврўзи Аљам таљлил мегарданд, ки фархундаљашнњои бањориро бароятон самимона табрику тањният гуфта, хоњони сарбаландию сарафрозињо ва хушбахтию хушрўзињои Шумо њастам. Чашни фархундаи Рўзи Модар нишони самимият ва эњтирому гиромидошти ањли љомеа ба шахсияти занону модарон мебошад. Модар ба мо њаёт мебахшад ва бењтарин хислатњои инсониро дар вуљудамон бо шири зулолу сапедаш љой медињад. Дасти дуои модар ба ќалби мо ќуввату мадори љон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.

Рўзи матбуоти тољик ба ифтихори нашри нахустрўзномаи “Бухорои шариф” њамасола дар санаи 11-уми март таљлил мегардад ва ањли ќалам имсол 102-солагии матбуоти тољикро таљлил намуданд. Наќши матбуот дар пешрафт ва тањкими худшиносию худогоњии мардум хеле назаррас мебошад ва рўзноманигорон бо ќаламу бо сухан дар ислоњи камбудию норасоињои љомеа сањми арзандаи худро мегузоранд. Њамчунин мо љашни аљдодии миллиамон - Наврўзи Аљамро таљлил менамоем, ки таърихи шашњазорсола дорад. Наврўз љашни таљаддуд ва эњёи табиат мебошад. Тибќи фармудаи бузургони мо: “Њар кї Наврўзро бо хушњолию шодмонї таљлил намояд, то Наврўзи дигар шодомону хушњол бимонад”. Бо ин таманниёти нек фархун-

даљашнњои бањориро барои Шумо ањли маорифи шањри Хуљанд самимона табрику тањният гуфта, бароятон саодати рўзгор, тандурустию офият ва дар љодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврас барору комёбињо таманно менамоям. Фархундаљашнњои фасли бањори дилафрўз муборак бод! Саидмухтор ЉАЛОЛОВ, мудири шўъбаи маорифи ш.Хуљанд

САРЧАШМАИ БЕПОЁНИ МЕЊР

Дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №2, шањри Хуљанд ба ифтихори гиро мидошти Рўзи модар љамъ омади тантанавї тањти унвони «Модар-сарчашмаи бепоёни мењр» баргузор гаргардид. Муовини Раиси шањри Хуљанд Умедахон Муродова табрикоти Раиси шањрро ќироат намуда, омўзгоронро ба ин љашни фархунда табрику тањният гуфт. Мудири шуъбаи маорифи шањри Хуљанд Саидмухтор Љалолов таманниёт ва табрикоти хешро бо суханони Президенти кишвар: «Мо имрўзро махсус чунин ном нињодаем, ки эњтирому арљгузории хосаи худро ба бузургї ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагї ва сарчашмаи њаёти наслњо собит созем. Зеро њама эъљозу парвоз, њама эљоду бунёд ва њама мардонагию ќањрамонї натиља ва самараи зањмати шабонарўзии модар аст. Яъне, дунё дар домони бињиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рў, башарият њамеша аз ў сипосгузор мебошад» ба иштирокчиёни љамъомад баён дошт. Дар айёми Истиќлолият, дар партави ѓамхорињои Сарвари давлат маќоми манзалати занону модарони тољик њамчун офарандагони зиндагї, тарбиятгарони наслњо ва неруи муќтадири пешбарандаи љомеа хеле устувор гардид. Имрўз бо шарофати озодию истиќ-

лоли Ватани мањбубамон занону хоњарон ва модарони арљманди мо дар соњањои мухталифи њаёти љомеа баробари мардон зањмат кашида, бо маќсади тањкими иќтидору тавоної ва обрўю манзалати баланди байналмилалии кишвар зафармандона саъю талош менамоянд. Сањми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соњањои илму маориф, фарњанг, тандурустї ва дигар самтњои иќтисодию иљтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад. Айни замон дар њамаи намуди муассисањои таълимии шањри Хуљанд наздики ду

њазор нафар бонувон ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машѓул њастанд, ки ин 90 фоизи умумии кормандони соњаи маорифи шањрро ташкил медињад. Баъдан дар вазъияти тантанавї як зумра омўзгорони собиќадор ва соњибтаљриба бо ифтихорномаву сипосномањо ва туњфањои хотиравї ќадрдонї карда шуданд. Баромади дастаи њунармандони муассисањои томактабї ва мактабњои шањр чун дастагули наврўзї хотири иштирокчиёнро болида гардонд. Нўъмон РАЉАБЗОДА

АРЗИ СИПОС

Шуъбаи маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд ба раёсати ДоДонишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ дар шањри Хуљанд, шахсан директори он, доктори илми иќтисод Аминов Инъомљон Аминович барои дастгирии њаматарафа ва таќдими 5 адад комкомпютери замонавї ва 5 адад принтер самимона арзи сипос намуда, љашнњои фархундаи бабањори Аљам ва Наврўзи оламороро ба кулли кормандони ин даргоњи илму маърифат табрику тањният менамояд.


2

№03 (53)

«Ð¡ÇÍÎÌÀÈ ²ÀÐ £ÀÂÌÓ ÌÈËËÀÒ ÇÀÁÎÍÈ ÝØÎÍ ÀÑÒ ÂÀ ²ÀÐ £ÀÂÌÓ ÌÈËËÀÒÅ, ÊÈ Ð¡ÇÍÎÌÀ ÍÀÄÎÐÀÄ, ᨠÇÀÁÎÍ ÍÀÄÎÐÀÄ».

20.03.2014

МАТБУОТ-ОИНАИ ЉОМЕА ТАЉЛИЛИ РЎЗИ МАТБУОТИ ТОЉИК АБДУЛЛОЉОНИ ЃАНЇ ДАР

Бахшида ба Рўзи матбуоти тољик дар МТМУ №12 конфронси илмї-адабї тањти унвони «Мат«Матбуот-оинаи љомеа» баргузор гардид. Дар даромадгоњи толори бошукўњи мактаб намоиши рўзномаву маљаллањои даврї, ки љомеаи омўзгорї ба онњо обуна шудаанд, ташкил карда шуд. Дар конфронс мудири кафедари журналистикаи ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров Дилбар Самадова, хабарнигори њафтаномаи «Омўзгор» дар вилояти Суѓд Нўъмон Раљабзода, корманди нашр��яи «Панљшанбе» Истам Шарифов иштирок ва суханронї карданд. Мушовири китобдорони шўъбаи маорифи шањри Хуљанд Замира Набиева ањли нишаст ва иштирокчиёнро ба конфронс хайрамаќдам гуфт. Композитсияи адабї «Ватан ифтихори ман туї» аз тарафи шогирдони мактаб бо ќироати ашъори ватандўстона васфи Тољикистон ва бањору Наврўз хотирмон буд. Омўзгори соњибтаљриба Р.Фозилова дар бораи «Наќши матбуоти тољик дар раванди худшиносии ањли љомеа» маърўзаи пурмуњтаво намуд. Озмуни «Кї зиёдтар медонад?», раќси дилошўб ва навозиши мусиќї, ки аз тарапфи хонандагон бо мањорати баланд иљро гардид, хотири иштирокчиёнро болида гардонд. Дилбар Самадова ба ташкилкунандагони конфронс ба хотири гиромидошти Рўзи матбуоти тољик арзи сипос намуда, аз шогирдон даъват ба амал овард, ки бештар рўзномаву маљаллањо ќироат намоянд ва баъди хатми мактаб тањсили хешро дар донишгоњ бо ихтисоси рўзноманигорї идома дињанд. Директори мактаб Шамсия Ќурбонова дар анљоми конфронс ба иштирокчиён арзи сипос намуда, дар вазъияти тантанавї њамроњ бо мењмонон ба ѓолибони њафтаи фанни забон ва адабиёти тољик, ки тањти сарварии омўзгори соњибтаљриба М.Мањмудова љамъбаст гардид, сипосномањои маъмурияти таълимгоњро супорид. Хабарнигори «ОЛАМОРО»

МЕЊМОНИИ ТОЛИБИЛМОН

Дар МТМУ №23 бахшида ба Иди матбуоти тољик бо иштироки сармуњаррири рўзномаи «Оламоро» Нуъмон Раљабзода ва аъзоёни мањфили «Дўстдорони китоб» чорабинии идона баргузор гардид. Китобдори мактаб Мухбирахон Юсуфљонова дар бораи мањфил ва зарурати омўзишу мутолиаи китоб фикру мулоњизањояшро баён дошта, андешањояшро перомуни таљлили Рўзи матбуоти тољик иброз намуда, бо овардани иќтибос аз суханони Ќањрамони Тољикистон устод Садриддин Айнї васфи рўзнома ва бањравар гаштан аз васоити ахбори омма суханонашро љамъбаст намуд.

Сармуњаррири рўзномаи «Оламоро» Нўъмон Раљабзода перомуни таљлили иди матбуоти тољик, таърихи рўзномаи «Бухорои шариф» ва арзи њастї кардани рўзномаи «Оламоро» њамчун минбари омўзгорону толибилмони шањр андешањояшро баён дошт. Мавсуф аз толибилмон даъват ба амал овард, ки бо мутолиаи рўзномаву маљаллањо ва ќироати китобњои бадеї љањонбинии худро васеъ намуда, бо рўзномањо, алалхусус нашрияву маљаллањои бачагона њамкории судмандро ба роњ монанд. Аъзоёни мањфили «Дўстдорони китоб» васфи Ватан, Модар, Тољикистон, Наврўз шеърњо ќироат карданд. Замира НАБИЕВА

НАЌШИ МАТБУОТ ДАР РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ ЉОМЕА

Наќши матбуот дар њаёти љомеаи муосир хеле бу зургу назаррас аст. Дар њаќиќат матбуот ва восита њои ахбори омма ба ташаккули афкори љомеа таъсири муќтадир ва муассир мерасонад. Зеро љомеа ба ахбор доир ба фаъолияти маќомоти давлатї ва умуман њамаи шохањои њокимият ниёз дорад, ки ин яке аз асласлњои бунёди љомеаи озоди демократист. Яке аз аввалин рўзноманигорони ва саромадони матбуоти тољик Садриддин Айнї њанўз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рўзномаи њар ќавму миллат забони эшон аст ва њар ќавму миллате, ки рўзнома надорад, гўё забон надорад». Бо назардошти ин рисолат ањли ќалами тољик 11 – марти соли 1912 нахустин рўзномаи тољикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки ин рўйдоди муњими таърихию фарњанги халќи мо дар асри гузашта мебошад. Агар ба таърих назар афканем, баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоњї дохил шудани Осиёи Марказї дар натиљаи дигаргунињои иќтисодї, сиёсї, љамъиятї ва мадании кишвар, дар афкори љамъиятию сиёсии мардуми мо, хусусан зиёиён таѓйиротњои куллї ба вуљуд омад. Таѓйиротњо махсусан дар њаёти мадании кишвар назаррас буданд. Масалан, соли 1868 дар шањри Тошкент аввалин матбаа ба кор шурўъ кард. Соли 1870 китобхонаи оммавї кушода шуд. То ин ваќт дар сарзамини Осиёи Марказї, махсусан, дар Бухоро, Самарќанд, Ќўќанд китобхонањо асрњо вуљуд дошта бошанд њам, вале онњо дар назди дарбори хону амир ва мадрасањо хусусияти оммавиро надоштанд. 28 августи соли 1870 шумораи аввалини нашрияи генерал – губернатори кишвари Туркистон – рўзномаи «Туркистанские ведемости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти Осиёи Марказї оѓоз гардид. Њаракати љадидия дар Осиёи Марказї охирњои асри 20 дар байни зиёиёни бедоргаштаи мањаллї дар аввал њамчун љараёни

маданию маърифатї, баъд њамчун љараёни иљтимоию сиёсии ислоњоткорона ба вуљуд омадааст. Аз тарафи љадидони кишвари Туркистон маљалаю рўзномањои «Хуршед» (1906), «Самарќанд» (1913-1914), «Ойина» (19131915), «Тараќќї» (1906), «Шўњрат ва туљљор» (1907-1908), «Осиё» (1913-1915), «Садои Туркистон» (1914-1915), «Садои Фарѓона» (1913) ва ѓайрањо нашр мегардиданд. Аз байни онњо маљаллаи «Ойина», ки аз тарафи Бењбудї нашр мегардид, бо ду забон: форсии тољикї ва узбекї чоп мешуд. Дигар кори ба чашм намоёне, ки љадидони Бухоро карданд, таъсиси рўзномаи «Бухорои Шариф» буд. Рўзномаи «Бухорои Шариф» дар замони душвори њукмронии амирї ягона минбари равшанфикрони тољик ба њисоб мерафт. Бинобар ин дар сањифањои рўзнома талабу дархости онњо оид ба таќдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардад. Рўзнома то 2 январи соли 1913 њамагї 153 шумора нашр гардида, бо иѓвои муќобилони ислоњот, њамон рўз аз тарафи њукумати амирї баста шуд. Аз тарафи љадидони Бухоро нашр намудани аввалин рўзномаи форсии тољикї бузургтарин воќеа дар њаёти фарњангии халќи тољик ба њисоб меравад. Аз њамон рўз эътиборан 11 – уми мартро њамчун рўзи матбуот ќайд мекунанд. Аввалин рўзномаи давлатии Љумњурии Мухтори Тољикистон соли 1925 бо номи «Иди тољик» таъсис ёфта буд, ки имрўз бо номи «Љумњурият» нашр мешавад ва аввалин муњаррири он Абулќосим Лоњутї буд, ки дар рушди матбуоти тољик хизматњои шоёне анљом додааст. Агар ба сайри таърихии матбуоти тољик нигоњ кунем, онро метавон ба се марњила – давраи пеш аз инќилоб, давраи шўравї ва замони истиќлол људо намуд. Бояд гуфт, ки матбуот дар љумњурии мо дар даврањои таърихї, аз љумла дар замони шўравї ба таври назаррас рушд кардааст. Воситањои ахбори омма махсусан дар самти инъикоси масъалањои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонњои азим, ташкили њаёти нав ва масоили адабиву фарњангї наќши созанда ва пешоњанг доштанд. Дар пањн намудани сиёсати давлатї наќши радио ва симо бенињоят калон буд. Соли 1965 аксарияти водињои Тољикистон аз хизмати телевизиони марказ ва ё тољик бархурдор буданд. Давраи комилан нав ва аз лињози сохтор ва услуби кор ба таври љиддї фарќкунандаи фаъолияти воситањои ахбори оммаи мо мањз дар замони Истиќлоли давлатии Тољикистон оѓоз гардид ва матбуот вобаста ба воќияти замон ташаккул ёфт ва вобаста ба маќсаду мароми халќ ва арзишу манфиатњои миллї наздиктар шуд. Агар сад сол пеш дарёфти чї рўзноманигору рўзнома як мушкилї бошад, имрўз дар замони муосир фаќат дар Тољикистони азиз 404 рўзнома, ки аз он 250 ададаш хусусї, 8 агентии иттилоотї, 44 шабакаи радиотелевизионї, 28 радиову телевизионњои хусусї ба ќайд гирифта шудаанд, ки дар хизмати ањолї ќарор доранд. Матбуоти тољик сарфи назар аз шакли моликият дар даврони истиќлолият тадриљан рушду такомул ёфта, имрўз ба Тољикистон ва мардуми он софдилона ва содиќона хизмат менамояд ва наќши бузурге дар њаёти љомеаи муосир дорад. Р. ФОЗИЛОВА омўзгори МТМУ №12

Бахшида ба Рўзи мат буоти тољик дар МТМУ №20 мањфили адабию мумусиќї баргузор гардид. Хонандагони фаъолу болаёќат Машњура Љўраева, Фаррух Ахмедов, Фарзона Алиева, Амирљон Ахмедов, Фарзона Ањмадљонова, Нигора Насриддинова, Солиљон Норматов, Мунаввара Бањодурова васфи Ватан, Тољикистон, Наврўз ва бањори хуљастапай шеърњо ќироат намуданд. Бахшида ба љашни ањли ќалам шогирдони мактаб шумораи идонаи нашрияи девории худро бароварда, пеш-

каши хонандагон гардонданд. Дар мањфил омўзгор, рўзноманигор ва суратгири маъруф Абдуллољони Ѓанї, ки беш аз 50-соли њаёти худро ба матбуоти даврї бахшида, пайваста хабару гузоришњояш дар нашрияњои «Омўзгор», «Њаќиќати Суѓд», «Тирози љањон», «Корвон», «Лочин», «Анбоз», «Сомониёни Суѓд» ба нашр мерасанд, иштирок ва суханронї намуд. Ба устод аз тарафи маъмурияти мактаб чун армуѓон туњфаи хотиравї таќдим карда шуд. Хабарнигори «Оламоро»

КОРМАНДОНИ НАШРИЁТИ «НОШИР» ДАР МАКТАБ Дар МТМУ №25 бо иштироки кормандони нашриёти «Ношир» Саломатхон Исобоева, Зайнура Рауфова ва Тўтї Дадобоева бахшида ба Рўзи матбуоти тољик чорабинии фарњангї баргузор гардид. Дар мактаб намоиши китобњои бадеї ва рўзномаву маљаллањо гузаронида шуд, ки таърихи матбуоти тољикро дар солњои гуногун инъикос менамуд. Иштирокчиёни чорабинї дар бораи наќши матбуот дар пешрафти љомеа, кори матбаа ва тарзи корбарии корхона маълумот дода, ба хонандагони фаъол китобу маљаллањо ва ба китобхонаи мактаб 10 адад китобњои бадеию сиёсї таќдим намуданд. Шогирдони мактаб оид ба китобњои хондаашон андешаронї намуда, шеъру суруд ќироат карда, сањнаи адабї намоиш доданд, ки писанди хотири иштирокчиён гардид. Хабарнигори «Оламоро»

САМАРАИ КУРСЊОИ ОМЎЗИШЇ

«Њаёт бо исрор талаб мекунад, ки низоми маорифро ба куллї таѓйир дињем. Ислоњоти мактабу маориф ва илм аз масъалањои муњимтарини имрўзу фардои мамлакати мо мебошад». Эмомалї Рањмон Дар Донишкадаи такмили ихтисос бањри баланд бардоштани мањорат ва малакаи касбии омўзгорон пайваста курсњои бозомўзї гузаронида мешаванд. Дар курси навбатии омўзиши такмили ихтисос аз 18 шањру навоњии вилоят 24 нафар омўзгорони љавон ва ботаљриба иштирок карданд. Дар рафти омўзиш омўзгорони љавон аз устодони

ботаљриба роњу усулњои гуногуни дарс ва тарзи истифодабарии воситањои аёнии муосирро омўхтанд. Омўзгорон дар дарсњои муаллимони пешќадами фанни математикаи шањр М. Нурматова ва М. Порсоева иштирок карда, ба тарзи гузаронидани дарсњои њампешањои худ шинос гардиданд. Омўзгорони фаъол Ш. Усмонова, О. Ќосимова ва М. Шамсиева оид ба мавзуъњои бањсталаб маърўза карданд. Ба шунавандагони фанни математика мушовири донишкада Шањодат Саидова роњбарї менамояд. Зулайхо ЮСУФОВА, омўзгори фанни математикаи МТМУ№11


20.03.2014

ÃÓËÀÔØÎÍ ÃÀØÒ ÀÇ ÍÀ ÇÈÍÄÀÃÎÍЌ, ÁÈØÓÄ ÍÀÂСÇÈ ÔÀÐÐÓÕÏÀÉ ¯À²ÎÍЌ.

№03 (53)

3

ЧАШМОНИ ГУЛЊО БОЗ ШУД, ЭЙ ДЎСТОН, НАВРЎЗ ШУД

«Љашни Наврўз барои миллати фарњангдўсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар њамаи давру замон муќаддас буд. Аљдоди мо, њатто, дар даврањои мушкилтарини таърихї, ки аљнабиён Наврўзи Аљамро мамнўъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва љавобгўи орзуву ормонњои деринаашон бо њар роњу восита њифз менамуданд ва гиромї медоштанд…» Эмомалї РАЊМОН Бо иќдоми бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Иљлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттањид (СММ) Наврўзро љашни умумихалќї эълон кард, ки ин фахри њар фарди тољикистонист. Мо, тољикон ифтихорманд аз онем, ки яке аз сарватњои азими беназири маънавии халќњои эронитабор – љашни Наврўз акнун маќоми љањонї гирифтааст ва дар ин шўњратафзоиву эътирофгардии љашни мазкур кишварамон – Тољикистони бињиштосо дар ќатори чанд кишвари дигари осиёї њиссаи сазовор гузоштааст. Наврўзи мо, воќеан њам сазовори мартабаи баланд, лоиќи густариши васеъ, шоистаи таљлил дар доираи бавусъаттарин мебошад. Инак, њамагон бо сарбаландию ифтихор садо дар медињанд: Гулафшон гашт аз нав зиндагонї, Бишуд Наврўзи фаррухпай љањонї. Наврўз яке аз маросимњои ќадимтарини мардуми тољик ва халќњои машриќзамин буда, њамчун љашни сари сол, айёми баробар шудани шабу рўз, иди бањор, зинда шудани табиат, оѓози кишту кори бањорї, яъне иди зироат ва мењнат ќайд карда мешавад. Фаро расидани Наврўз ба табиат љон мебахшад. Дар ин рўзњо тамоми шањру дењоти љумњурї намуди идона мегирад, яъне атрофро идона оро медињанд. Наврўз шўњрати хосае дошт ва дорад. Наврўз љашни миллист. Њамин кифоя аст, ки онро њама бишносанд, бифањманд, арљ гузо-

ранд. Наврўзро њамасола њама бесаброна интизоранд: чи инсон, чи табиат, чи паррандаю замину осмон ва њатто Хуршеду Моњ. Наврўз њељ гоњ пирї надорад, ба тори мўяш сафедї намедамад, лоѓар намешавад. Вай њамеша љавон асту тоза ва њамин тавр мемонад. Наврўз љузъи фарњанги миллии мост. Наврўз нављавон аст, Наврўз љовидон аст. Аз рўзгори дерин Зеботарин нишон аст. Љашни Наврўз бо номи Љамшед сахт алоќаманд аст. Ин шоњи одил Наврўзро мепарастид. Ќаламрави Љамшед љавлонгоњи Наврўз буд. Аз ин рў, дар сарзамини Љамшедшоњ мўре њам озор намеёфт. Замин сарсабзтару њосилхезтар буд. Њамагон ба тозагию озодагї риоя мекарданд. Мардум аз зиштию офат эмин буданд. Њаёти осоиштаву адолатбунёд њукмфармої дошт. Чуноне, ки Фирдавсї мефармояд: Љањон анљуман шуд дар тахти ўй, Аз он баршуда фарраи бахти ўй. Ба Љамшед бар гавњар афшонданд, Мар он рўзро рўзи нав хонданд. Ва ин њамаро одамон аз шарофати Наврўзу бузургдошти он медонистанд. Њамаи суннатњо, аз љумла љашни Наврўз ба бачањо хуш аст. Онњо ин рўзро бесаброна интизоранд. Модарон чанд рўз пеш барои онњо либосњои нав медўзанд. Оњ, чї тавр мехоњанд, ки он рўз биёяду куртаи нав пўшида, кўча бароянд ва ба љўрањояшон намоиш дињанд. Бачањо сўи талу теппањо, пуштањо давида рўи сабзањои махмалин ѓел мезананд: гулњои бањорї – сиягўш, бойчечак, гули Наврўз чида, љањон – љањон рўњи тоза мегиранд. Як суннати дигари хонаводагии наврўзї ин ба кўдакон њадя додани ширинињо, аз ќабили ќанд ё њалво мебошад.

Дар рўзи Наврўз либоси нав ба бар кардан, худро тозаю озода нигоњ доштан, бозию хурсандї кардан, хайру саховат кардан, таомњои наврўзї тайёр кардан, ба њамдигар орзуњои нектарин кардан, сулњу амонї хостан, табрики њамдигар кардан одат шудааст, ки ин волотарин арзишњои инсонї аст. Бигзор, ин љашни ќадима барои њар як сокини кишвар бахту саодат, њамдигарфањмї, рўзгори нек, сулњу салоњ ва њар рўзи бањори осудањол ба шумо ризќи фаровон биёварад. Бо оини дилсўзї, бинед зи њам рўзї, Рўзї, ки фаровон шуд, Наврўз муборак! Аниса ЉЎРАЕВА, омўзгори синфњои ибтидої, МТМУ№10

ЗИ КЎИ ЁР МЕОЯД НАСИМИ БОДИ НАВРЎЗЇ...

Наврўз дар луѓат ба маънии рўзи нав ва исистилоњан љашне аст, ки дар оѓози фарвардин гигирифта мешавад. Муарраби вожаи Н аврўз низ ба сурати Н аврўз ва нирўз омадааст. Наврўз бузургбузургтарин љашни миллии форсизабонон аст, ки дар нахустин моњи соли хуршедї-онгоњ ки офтоб ба бурљи њамал интиќол ёбад ва шабу рўз баробар гардад, оѓоз мешавад. Наврўз дар адабиёти форсї гоњ ба номи љашни фарвардин ва гоњ љашни бањор хонда мешавад: Љашни фархундаи фарвардин аст, Рўзи бозори гулу насрин аст Вале бештар њамон вожаи Наврўз ба кор рафтааст: Бар лашкари зимистон Н аврўзи номдор, Кардаст ройи тохтану ќасди корзор. (Манучењрї) Ин љашн дар асл яке аз ду љашни бузург буд: Ориёиён дар даврони бостонї ду фасл - гармо ва сармо доштанд. Фасли сармо шомили панљ моњ ва фасли гармо дорои њафт моњ буд (зимистони кўчак ва тобистони бузург). Дар њар як аз ин ду фасл љашне барпо медоштанд. Дар китоби ”Ал-тољ”-и Љоњиз омадааст: ”Наврўз ва мењргон ду фасли сол њастанд: Мењргон духули зимистон ва фасли сармо аст ва Наврўз изни духули фасли гармост”. Фирдавсї, ки аз манобеи пањлавї истифода карда, бунёди ин љашнро аз рўзи бар тахт нишастани Љамшед ёдоварї кардааст: Љањон анљуман шуд бари тахти ўй, Фурўмонда аз фарраи бахти ўй. Ба Љамшед бар гавњар афшонданд, Мар он рўзро рўзи нав хонданд. Чунин рўзи фаррух аз он рўзгор, Бимонда аз он хусравон ёдгор. Абурайњон Берунї дар китоби”Аттафњим” овардааст: “Аз расмњои порсиён Наврўз чист? Нахустин рўз аст аз фарвардинмоњ ва аз ин љињат рўзи нав ном карданд, зеро ки пешонии сол нав аст. ”Љашни наврўз чандин рўз давом меёфтааст: Панљ рўзи аввалро Наврўзи омма меномиданд, ки махсуси њамагон буда ва рўзи шашумро Наврўзи хосса мегуфтанд, ки вижаи хавосу наздикони подшоњ буд. Наврўзи хоссаро Наврўзи бузургу љашни бузург њам хондаанд. Дар “Наврўзнома”-и Хайём омадааст: “Рўзи наврўзи нахуст касе аз мардумони бегонаи мубади мубадон пеши малик ома-

дї бо љоми заррин... чун мубади мубадон аз офарин бипардохтї, пас бузургон даромадандї ва хидматњо пеш овардандї”. Ин расм дар асри халифаи ислом низ идома ёфт. Аз љумлаи маросим ин ки дар бомдоди Наврўз мардум ба якдигар об мепошиданд ва ин расм дар ќарнњои нахустини ислом низ ройиљ будааст. Дар натиљаи зуњури Абумуслими Хуросонї ва њамчунин нуфузи Бармакиён љашнњои эрониён, (тољикон) аз нав равнаќ ёфт. Мувофиќи гўйиши сарчашмањо пас аз зуњури ислом њамвора љашни Наврўз барпо мешудааст ва маросими он бо таѓйироте аз ањде ба ањди дигар мунтаќил мегардидааст, то асри њозир , ки њамчунон љашни эрониёну форсизабонон мањсуб мегардад. Дар бархе аз китобњои динї ахборе дар фазилати Наврўз наќл гардидааст. Наврўз агарчи рўзи нави сол аст, рўзи куњнаи ќарнњост. Пире фартут аст, ки соле якбор љомаи љавонї мепушад, аз ин љост, ки шукўњи пирону нишоти љавонон дар ўст. Наврўз ёдњо дар сар дорад. Аз он каронаи замон меояд, аз он љо ки нишонаш пайдо нест. Дар ин роњи дароз ранљњо дида ва талхињо чашидааст, аммо њанўз шоду умедвор аст. Љомањои рангоран пўшидааст, аммо аз он њама як ранге бештар ошкор нест. Камтар миллатеро дар љањон метавон ёфт, ки умре чунин дароз ба сар оварда ва бо њаводисе чунин бузург рўбарў шуда ва таѓйироте азим дар зиндагиаш рўй дода бошад ва пайваста дар њама њол худро ба ёд дошта ва даме аз гузаштаву њол ва ояндаи хеш ѓофил нашавад. Љашни Наврўз ду –се њазор сол аст,ки бо њамаи одобу русум дар ин сарзамин (Мовароуннањру Хуросон) боќї ва барќарор аст. Наврўз яке аз рўзњои таљаллии руњи эрониён аст. Наврўз бурњони ин даъво аст,ки Ирон бо њамаи солхурдагї њанўз љавон ва нирўманд аст. Дар ин рўз бояд ба некон њамсадо шуд ва даст ба дуо бардошт . Љашни фарвардин яке аз шаш љашни сол ва ё охирин гуњарбор аст ва дар оини Маздоясно авќоти хилќати башар аст. Бинобар ин аќидаи фуруњарњои номдорон ва дар гузаштагони некукор дар муддати дањ шаб дар рўи замин таваќќуф мекунанд, бинобарин аз рўзи бисту шашуми исфандмоњ то ба охирин рўзи таваќќуфи онњост. Дар айёми Наврўз сабзаву себу сим ва монанди инњо дар суфраи ид мегузоранд, ёдгорї аз расмњои кўњан аст, ки аќида доштанд фуруњарњои муќаддасону номдорон ва даргузаштагони хонавода аз осмон фуруд меоянд, то аз хонаву зиндагонии бастагону диндорию доду дињиши бозмондагони хеш хушнуд гашта, аз даргоњи Худованд хушию тандурустии онњоро бихоњанд. Аз он љо ки ба аќидаи эрониёни бостон, љашни Наврўз солгарде аст аз офариниши инсон , ба њамин муносибат солгарди он бошукўњи бештаре баргузор мегардад. Њамчунин Наврўз мазњари бедории табиат аз хоби зимистони ва марге аст, ки ба растохезу зиндагї мунтањо мешавад. Гўянд чун Љамшед ба подшоњї расид, динро таљдид кард ва ин кор дар Наврўз анљом шуд. Дар бархе ривоёт омадааст, ки чун ањриман баракотро аз миён бурда буд, Љам б�� фармони Эзид ба сўи ањриману пайравонаш шитофт ва бо онон набард карду ба ин бадбахтї поён бахшид, пас мардумон бар тахти ў гирд омаданд ва бар ў гавњар афшонданд ва он рўзро Наврўз хонданд. Дар омехтагї номи Љамшед бо номи њазрати Сулаймон ва мушобињати корњои он ду бо њам дар бархе аз мутун муљиб шудааст то пайдоиши љашни Наврўзро ба њазрати Сулаймон нисбат дињанд. Аз чигунагии баргузории Наврўз дар даврони Њахоманишию ашконї иттилои чандоне дар даст нест. Бархе ривоёт њокї аз

он аст, ки чун Куруш бар Бобул пирўз шуд, писари худ Камбуљияро дар љашни Наврўз ба унвони подшоњи Байнаннањрайн муаррифї кард. Њамчунин аз далелњо рўшан мешавд, ки тахти Љамшед мањалли иљрои љашни солонаи Наврўз будааст. Дар аснои таворих чунин бармеояд, ки дар рўзгори Сосониён подшоњон дар њангоми баргузории љашнњои Наврўз ва мењргон бори ом медоданд. Аз он љо ки Наврўз замони эътидоли бањорї ва таљдиди њаёти табиат буда ва мењргонро низ замони эътидоли пойизї ва зебоии табиат медонистаанд, ин ду љашнро бо шукўњи хосе баргузор мекарданд. Дар бархе аз кутуби таърихию ахлоќї аз ќабили ”Насињатулмулук”-и Ѓаззолї ва “Бањористон”-и Љомї ва “Сиёсатнома”-и Хоља Низомулмулк ривоёт ва достонњои фаровоне дар бораи чигунагї ва баргузории ин оинњо наќл гардидааст. Аз он љо ки наврўз яке аз идњои бузурги эрониён аст, баъд аз зуњури ислом дар байни арабњо низ ин ид ба номи нирўз маъмул буда ва махсусан хулафои аббосї иди Наврўзро хеле ањамият медодаанд. Иди Наврўз дар ањди салотини каёнї ба номи бањор љашни маъруф буда ва одобу русуми махсусе доштааст. Сабз кардани боѓу роѓ пеш аз ид ва нигоњ доштан то рўзи сенздањ ва русуми њафт син (сабзї-себ-сирко-самну-санљид-сумоќ- ва сир) ва хонњои ширинию шохаи гулу раёњин ороста, дар истиќболи соли нав ва додани њадя ба якдигар аз љумлаи суннатњое аст, ки аз дербоз марсум ва мутадовил буда ва то ба имрўз идома ёфтааст. Дар хотима ба унвони намуна аз ашъори шоири бузурги ќасидасаро - Манучењрии Домѓонї, ки дар бораи Наврўз суруда шудааст зайлан наќл мекунем: Бар лашкари зимистон Наврўзи номдор, Кардаст ройи тохтану ќасди корзор. В-инак биёмадаст ба панљоњ рўз пеш, Љашни сада талояи наврўзи навбањор. Ин боѓу роѓи мулкат наврўз моњ буд, Ин кўњу кўњпоя в-ин љую љўйбор. Наврўз аз ин ватан сафаре кард чун малик, Оре сафар кунанд мулуки бузургвор... Наврўз пеш аз он ки саропарда зад ба дар, Бо луъбатони боѓу арусони марѓзор. Ин љашни фаррухи садаро чун талоягон, Аз пеши хештан бифиристод комгор. Гуфто бирав ба назди зимистон ба тохтан, Сањро њаме наварду биёбон њаме гузор. Тањия ва баррасии Наимљони СОДИЌИЁН


4

№03 (53)

ÝÉ ÔÀÑËÈ ÏÀÐÈÍÈÑÎÐ, ÍÀÂСÇ, ÔÈÐÄÀÂÑÈ ÔÀÐÈØÒÀÇÎÐ, ÍÀÂСÇ!

ЉОМЇ ОН ОФТОБИ НУРОНЇ

Дар литсейи тољикию туркии шањри Хуљанд бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккрири бузурги тољик Абдурањ мони Љомї базми шеъру наво баргузор гардид. Директори литсей Хуршед Ка римов мењмононро ба базми назму наво хайрамаќдам гуфта, ба чорабинї њусни ифтитоњ бахшид. Дар ин чорабинии фарњангї ањли адаби вилоят Абдуфат тоњ Кулолї, Неъмат Оташ ва устодони Донишгоњи давлатии Хуљанд Толиб ВањВањњобов, Низомиддин Муродї иштирок ва суханронї карданд. Шогирдони литсей аз ашъори пурмуњтавои Мавлоно Љомї шеърњо ќироат карда, сурудњои дилнишинро пешкаши иштирокчиён гардонданд.

Толибилмони литсей Аслия Абдуллоева, Амирљони Тўрахон, Бадриддини Љалолиддин, Љасур Ќулиев, З. Саримсоќов ва дигарон бо мањорати баланд аз ѓазалиёти Абдурањмони Љомї шеърњо ќироат карданд. Дар иљрои шогирдони таълимгоњ сурудњои дилнишин ва раќси дилошўби бањорї зери садои карнай иљро гардид. Омўзгорони љавони литсей аз кишвари Туркия бо савту суруди дилнавози тољикї хотири иштирокчиёнро болида гардонданд. Дар љамъбасти базми назму наво мењмонон ба маъмурияти литсей, омўзгорон ва толибилмон барои дар сатњи баланд таљлил намудани љашни 600-солагии Мавлоно Абдурањмони Љомї арзи сипос намуданд. Мавлудахон РЎЗИЕВА

Роњат Солиева соли 1987 мактаби № 3-и шањри Хуљандро хатм намуда, њамон сол дар донишгоњи педагогии шањри Хуљанд ба факултаи биология ва химия дохил шуда, соли 1992 донишгоњро бомуваффаќият хатм намудааст. Фаъолияти педагогии худро соли 1992 дар мактаби гимназияи № 4 оѓоз намуда, аз соли 1993 то ин љониб дар МТМУ №8 аз фанни биология дарс мегўяд. Муаллима соли 2002 дар озмуни шањрии «Муаллими сол» иштирок намуда, соњиби љои 2 гардидааст. Солиева Р. дилбохтаи касби хеш аст. Ў кори худро хуб медонад. Дониши чуќур дорад, эљодкору љўянда, ташаббускору донишманд, зебопараст буда, доимо бо усулњои гуногуни омўзиш кор мекунад. Њангоми фаъолият худро њамчун устоди касби хеш нишон дод. Дарсњои ў бо гуногунрангї, сањењї ва истифодаи методњои гуногуни назариявию илмї фарќ мекунанд. Фанни худро хуб медонад. Муваффаќиятњои дарси муаллима аз дуруст ба наќшагирии 45 даќиќаи нотакрор аст. Солиева Роњат софдилона мењнат мекунад ва дарсњояшро ба дараљаи олї мегузаронад. Муаллима ба худомўзї машѓул шуда, такмили ихтисос менамояд. Шогирдони Роњат Солиева дар олимпиадањо иштирок намуда, сазовори муваффаќиятњо гардиданд. Соли 2005 Њасанова Мањина ва Љабборова Мадина, соли 2006 Нодирова Мењрангез ва Шањнозаи Амирхон сазовори љойњои аввал гардиданд. Соли 2008-2009 Нодирова Мењрангез ва соли 2010-2011 Шањнозаи Амирхон дар вилоят сазовори љойи якум гардиданд. Соли 2012 ва соли 2013 Сулаймонова Мењрангез ва Муродова Шањноза сазовори љойи якум гардиданд. Роњат Солиева роњбари љамъияти Њилоли Ањмар дар мактаб мебошад. Бо роњбарии ў аъзоё-

ГУЛ БА ГУЛ ОМАДЇ, БАЊОР, БИЁ

АДИ

БА

наш дар якчанд чорабинињои шањрї иштирок намуда, соњиби тўњфањои хотиравї гардиданд. Соли 2002 мењнати шоёни муаллимаро ба назар гирифта, комиссияи аттестатсионии мактаб сазовори тахассуси олї гардонданд. Дарсњои муаллима сифати баланд доранд, дар дарсњояш асбобњои аёнї материалњои дидактикиро васеъ истифода мебарад. Чанде пештар бо иштироки омўзгорони фанни биология дарси намунавии муаллима баргузор гардид, ки писанди иштирокчиён гардид ва дар он мушовири шўъбаи маориф Юлдошева Д. низ иштирок дошт. Муаллима бо эњсоси баланди дўстдории марзу хоки Ватан зимни баёни дарси нави хеш ба шогирдон таъкид мекунад: - Табиат шоњасари нодирест, ки њар сањифаи он пур аз маънињои олист. Табиат њаёти љовидон, эњё ва њаракат аст. Табиат мўљизакор асту мо соњибони он бояд њар як сангу хок, хору хаси онро њамчун офаридгори рўзгор њифз намоем, ки сарвари давлатамон Эмомалї Рањмон чунин гуфтаанд: «Аз имрўз сар карда бояд пойдевори зиндагии ояндаро гузорем, фикри насли ояндаро кунем ва ба фарзандону наберагони худ табиати бой, обу замини њосилхез, муњити поку беолоишро мерос гузорем. Мо бояд заминро эњтиёт кунем, табиатро аз харобшавї нигоњ дорем, файзу баракати сарзамини аљдодиро дучанду сечанд афзун гардонем. Кишварам хуррам шавад аз њар нињол, Бар бањори мамлакат бахшад камол Диёри њамешабањорам Тољикистон, ки онро бињишт мехонем, офаридаи табиати мўљизакор асту моён соњиби он бояд њар як сангу хок, набототу њайвоноти онро монанди гањвараки чашм њимоя намоем. Бар њаќ сарвари давлатамон љаноби олї Эмомалї Рањмон фармудаанд: «Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фаќат дар њолати доштани муњаббат ба табиат метавонад ватанпарвар шавад». Оре мо бояд ватанпарвар бошему табиати худро дўст дорем, њифз намоем.Чї тавре, ки нависандаи бузурги рус Толстой гуфтааст: «Хушбахтї бо табиат будан, вайро дидану дўст доштан ва бо он гуфтугў кардан аст». Хушбахтона имрўзњо муњофизати табиат ба кори умумихалќї табдил ёфтааст. Дар ин амали хайр љоннок намудан ва боз ѓанї гардонидани анъанњои миллї бунёди боѓњо, шинондани дарахтон, ташкили шанбегињо ба маќсад мувофиќ аст. Замира НАБИЕВА

ФАР

ЗОН

А

Ман агар бадтарам зи порина, Ту накўї, накў зи пор, биё. Турши моро бизан ба ширинї, Шаккаристони Кирдигор, биё. Толиби мўњри юсуфонаи туст Њафт авроќи интизор, биё. Мани фонї як омадан дорам, Туйи боќї њазор бор биё.

Гул ба гул омадї, бањор, биё, Офтобона худнисор, биё. Лутф кун, то дубора кор ояд Дили соќит зи эътибор, биё. Кори ман мавсимиву кори ту њам, Бањри роњат наё, ба кор биё. Ба ту ишќи парастувона марост, Ту ба ин ишќ шак наёр, биё.

ЭЙ ФАСЛИ ПАРИНИСОР, НАВРЎЗ

Эй фасли паринисор, Наврўз, Фирдавси фариштазор, Наврўз! Монанди Масењ омадї боз, Эй љони нави диёр, Наврўз! Пиндори дарахт субњи содиќ, Њар шоха ситоразор, Наврўз! Гул нест магар шабењаи умр, Њар лањза чу гул шумор, Наврўз! Хуршед чу шоирони соњир, Килкаш њама гулнисор , Наврўз! Мониќалам аст фикри дарё,

Дар мусњафи ў бањор, Наврўз! Љуз ишќ мабод ройи дигар, Бигзор чунин ќарор, Наврўз! Фикр аст чу солики биёбон, Олуда ба зањри мор, Наврўз. Фикр аст агар муќимии шаб, То субњи сафо биёр, Наврўз! Љон нест агар ба маќдами килк, Бар дафтари мо маёр, Наврўз! Гар шеъри ман аз ту нест зебо, Бар гўри тараш гузор, Наврўз!

БУЛБУЛО, БАЊОРРО ТАРАННУМ КУН

ДИЛБОХТАИ КАСБИ ХЕШ

20.03.2014

Булбуло, бањорро тараннум кун, Гулу рангу исорро тараннум кун! Рози сарбамўњри ѓунчаро бикшо, Наѓмаи обшорро тараннум кун. Ба навоят суруру шодї бахш, Ќимати васли ёрро тараннум кун.

РОЗ

ИЯ

Боѓро бо садо сафо овар, Хушии њар канорро тараннум кун. Даштро бо назар намо лабрез Даштро, лолазорро тараннум кун. Рўзгорат ба ин бањор овард, Розия, рўзгорро тараннум кун!

ЧАРОЃИ МАЪРИФАТ

Дар шароити љањонишавї мо бо љалби ањли љомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоњи одобу ахлоќ, донишу заковат, худшиносиву љањонбинї ба ниёзмандињои љањони муосир мувофиќ бошанд. Эмомалї Рањмон. Шахси аз таърихи миллати худ ва мероси бои илмию фарњангии миллати худ огоњ набуда, њаргиз ватандўст шуда наметавонад. Инсон њамеша ба ѓизои љисмонї ва маънавї эњтиёљ дорад. Созандагї ва бунёдкорї аз илму маърифат аст. Толибилмони имрўза созандагону бунёдкорони ояндаанд. Дар ин соња бояд њам мактабу омўзгорон, њам љамъияту волидайн сањмгузор бошанд. Барои ин њам омўзгорон ва њам волидайн дониши маънавии худро доимо баланд бардоштанашон лозим аст. Бояд, ки таълим ва тарбия дараљаи якхела дошта бошанд. Омўхтани асарњои ахлоќї – тарбиявї дар тарбияи бачагон дар руњияи инсондўстї, ватандўстї, мењнатдўстию худшиносии миллї ва маърифатї ањамияти калон дорад. Яке аз адабиёти тарбиявї – психологї «Аќидањои ахлоќии мутафаккирони Шарќ А.Содиќов мебошад. Дар ин китоб аќидањои ахлоќию тарбиявии Ибни Сино, Абўнасри Форобї, Ибни Ту-

файл, Ибни Рушд, Ибни Боља оварда шудаанд. Инчунин китоби Ибни Сино «Сурат ва сират», «Пирўзнома» асарњои пандию ахлоќї мебошанд. «Рўдакї – устоди суханварони Аљам» - и устод Абдуманнони Насриддин ва «Олим ва мутаалим» - и Имоми Аъзам – тарљимаи Фахриддин Насриддинов. Матлабњои ин китоб барои омўзгорон, мураббиён, волидайн ва донишљўёну толибилмон манфиатбахш мебошанд. Китоби «Панду ибрат» - и устод Муродии Хуљандї рисолаи панду ахлоќие аз гулшани тафаккури ниёгони азизамон мебошад. Китоби устод Иброњими Наќќош «Дурратулвоизин» ба бисёр саволњои волидайну омўзгорон љавоб медињад, ки аз таърихи дин, мисолњо аз њаёти пайѓамбарон, рўзгори мардуми Шарќ ва эњтироми волидайн, њаќќи онњо, њаќќи фарзандон ва бисёр масъалањои муфидро меомўзонад. Ин китобњоро дар китобхонањо ва маѓозањои китобфурўшї дастрас кардан мумкин аст. Тўњфаи бењтарин китоб мебошад, китоб дўсти беѓараз ва калиди дониш аст. Ба фарзандони худ, омўзгорону волидайни худ китоб тўњфа намоед, то ин ки шамъи маърифати гузаштагонамон доимо фурўзон бошад. Моњрў СИДДИЌОВА, омўзгори фанни алифбои ниёгон, МТМУ №11 ш.Хуљанд

«КАДБОНУИ БЕЊТАРИН» МУАЙЯН ГАРДИД Дар МТМУ №7 озмуни «Кадбонуи бењтарин» баргузор гардид, ки дар он 38 нафар муњассилини муассисањои таълимии шањр иштирок карданд. Њадаф аз баргузории озмун густариш бахшидани завќи њунаромўзї, зебопа растї ва ташаккули мањорату мала каи рўзгордорї дар нињоди љавондухљавондухтарон мебошад. Озмун аз рўи шартњои: саломнома, баромадан аз њолати фавќулодда, мањорати навозандагї ва ё раќќосї, тайёр намудани

хуриш гузаронида шуд. Њайати њакамон ба мањорату истеъдоди љавондухтарон бањои арзанда дода, ѓолибонро муайян намуданд. Мењрангез Маќсудї аз МТМУ №5 маќоми аввалро соњиб гашта, ѓолиби озмун эълон гардид. Љойи дуввум насиби Лайло Умарова аз МТМУ №10 ва Манижа Тошхўљаева аз М/Х «Иршод» гашт. Ба маќоми сеюм С. Алиматова аз МТМУ №3 ва М. Њакимова аз М/Х ба номи Пулотов сазовор гардиданд. Ба ѓолибон ифтихорнома ва ба иштирокчиёни фаъол сипосномањои шуъбаи маориф таќдим гардид. :

Муассисон: Шуъбаи маорифи шањри Хуљанд ва Нўъмон Раљабов Сармуњаррир: Нўъмон РАЉАБЇ

Саидмухтор ЉАЛОЛОВ Нуралї НУРЗОД Мирзосаид МЎЪМИНОВ Муњайё АКМАЛХОЉАЕВА Зулфия АШЎРОВА Саноат САНГИНОВА

ЊАЙАТИ ТАЊРИРИЯ: Акрам АСЛОНОВ Муњаббат ЁРМАТОВА Тўњфа МАМАДЉОНОВА Малоњат МАНСУРОВА Фирўза КАРИМОВА Шањноза ЗАРИФОВА

ЊАЙАТИ ЭЉОДЇ: Замира НАБИЕВА Тањмина ОЧИЛЗОДА Матлуба РАЊМАТОВА

ЉДММ “МАТБУОТИ УРОТЕППА”-и шањри Истаравшан чоп шудааст 2300


Olamoro# 3_march_2014