Page 1

Ê¢ø, òî õàëêðî áà êîð îè

ÍÀÂÈÄÈ ÈÑÒÈÊËÎË № 14 ( 16 5 ), 17 .0 4 .2 0 18

Нашрияи маќомоти и роияи њокимияти давлатии шањри Истиќлол

МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛЌИ ШАЊРИ ИСТИЌЛОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 16-уми апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) баргузор гардид. Дар иҷлосия Раиси шаҳр Худойназар Амонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳомидова М.И, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд. Мувофиқи рӯзнома дар иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бобати масъалаи якуми рӯзнома, яъне оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-

уми декабри соли 2017, таҳти №977 “Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018” муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. баромад кард. Ҳамзамон ду нафар вакилон оид ба масъалаи мазкур ба музокира баромаданд. Баъди музокираҳо раиси шаҳр фаъолонро бобати дастгирии ҳунармандон, ташкили хизматрасониҳо барои сайёҳон ва бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ муваззаф карданд. Ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ғоибов В.Т., дар бораи бинобар аз се маротиба зиёд дар иҷлосия ширкат накардани вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии №4 Шарифзода Саодат Абдуваҳобовна ва №27 Ҳасанов Равшан Абдушукурович ҷиҳати пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии нафарони болозикр пешниҳоди ҳайати комиссияро ироа кард ва вакилон тасдиқ намуданд. Инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар бораи таъйин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихоботӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол тасдиқ ёфт. Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шаҳр Гулов Х., дар бораи тасдиқ намудани Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол баромад кард ва аз ҷониби вакилон қарор оид ба қабули Низомнома ва ҳайати комиссияи доимӣ тасдиқ шуд. Пас аз он ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол аз ҳавзаи интихоботии №13 Охунов Бобохон Охунович оид ба ваколати вакилиаш шунида шуд. Якчанд қарору амрҳои Раиси шаҳр ва масъалаҳои рузномаи иҷлосия пурра аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳомидова М.И баромад намуда, доир ба фаъолияти мунтазами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол, махсусан дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард.

МЕДАЛИ НУЌРА МУБОРАК БОШАД! Лозим ба қайд аст, ки таълиму тарбияи воло ва масъулият дар болоравии сатҳи донишу маърифати хонандагон дар навбати аввал ба дӯши муассисаҳои таълимӣ бошад, ҷойи дигар назорати ҷиддӣ ва аҳамият дар масъалаи донишандӯзии хонандагон вазифаи падару модарон аст. Ҳафтаи сипаригардида хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 Алиева Парвина дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки дар мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз фанни забони русӣ ширкат варзида,

соҳиби ҷойи дуюм гардид ва бо медали нуқра ва Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон ба ӯ ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” тӯҳфа карда шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси мудири шуъбаи маорифи шаҳр чорабинии тантанавӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 баргузор карда шуда, туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо ба Алиева Парвина, омӯзгорони фаннӣ ва директори мактаб супорида шуд. Директори мактаб Ҷабборов А. қайд кард, ки оянда низ аҳли омӯзгорони мактаб тасмим гирифтаанд, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар дониш андӯхтани хонандагон кӯшиш хоҳанд кард. Дар ин росто қайд бояд намуд, ки аҳли коллективи МТМУ №1, бахусус омӯзгорони фаннӣ Байгина Р.С ва Саъдоншоева Х. барои таълим ва тайёр намудани Пар-

Пас аз ба итмом расидани иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) раиси шаҳр доир ба фаъолияти бомасъулиятона дар самти ташкили корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вакилон ва фаъолони шаҳрро вазифадор намуданд. Ҳамзамон ҷаласаи ҷамъбастии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми се моҳи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ба маърӯза баромада, доир ба фаъолияти ҳама соҳаҳо дар шаҳр давоми моҳҳои сипаригардида ҳисобот дод. Раиси шаҳр фаъолияти ҳама соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти КВД “Нури Ховар” изҳори нигаронӣ намуданд ва масъулини корхонаро оиди ҳалли муаммоҳои ҷойдошта вазифагузорӣ карданд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр оиди ташкили корҳои ободонӣ, ҳалли муаммои ҷамъоварии ҳаққи истифодаи хизматҳои коммуналӣ, ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳр бо кадрҳои соҳибихтисос масъулини соҳаҳо муваззаф гардонида шуданд. Ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолон дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҷлили 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол омодагии ҳаматарафа бинанд то ин ҷашнвора дар сатҳи баланд баргузор гардад. Мухбири “НИ”

вина Алиева саҳми бузург доранд ва дар ин ҷода ба онон миннатдории аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро баён менамоем. Дар ҳақиқат ширкати фаъолонаи Алиева Парвина дар озмуни ҷумҳуриявии фаннӣ туҳфаи арзандаест бахшида ба 25-солагии таъсисёбии шаҳри Истиқлол ва 80- солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар. Офарин ба чунин волидайн, ки масъулияти хешро дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзанд эҳсос намуда, фарзанди хешро дар рӯҳияи донишандӯзӣ тарбия намудаанд. Ҷойи ифтихорӣ муборак, Парвина! М.Ниёзов


2 2

АХБОР

ИДОМАИ КОРЊОИ СОЗАНДАГЇ

Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмири иншоотҳои тиббӣ боми бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо харҷи беш аз 60 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, шиферпӯш карда шуд. Тибқи иттилои роҳбари ин муаасиса Ф.Шералиев давоми солҳои охир боми марказ дар ҳолати ногувор қарор дошт ва соли равон бо дастгирии раиси шаҳр ин муаммо бартараф карда шуд ва ҳайати роҳбарияти марказ тасмим доранд, ки таъмири дохили биноро шурӯъ намоянд. Ҳамчунин Ф. Шералиев миннатдории аҳли кормандони марказро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баён намуда, қайд кард, ки аз ин иқдом аҳли кормандон ниҳоят шод ҳастанд ва корбариро дар самти беҳбудии ҳолати санитарию эпидемиологӣ беҳтар ба роҳ хоҳанд монд.

МАҒОЗАИ “ЗЕБО” ТАРҲИ ДИГАР МЕГИРАД Соҳаи соҳибкорӣ чун яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа шинохта гардида, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар барои рушди соҳибкорӣ низ равона гардидааст. Дар ин росто вохӯрии раиси шаҳри Истиқлол низ бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор шуда буд ва дастур шуда буд, ки бояд соҳибкорон барои бунёди марказҳои хизматрасонӣ ва мағозаҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ намоянд. Дар ин замина соҳибкори маҳаллӣ Ҷуманова З. тасмим гирифтааст, ки мағозаи хешро ба таври замонавӣ бунёд мекунад. Айни замон сохтмони ин мағоза оғоз гардида, соҳибкор ният дорад, ки соли равон сохтмони мағозаро ба поён расонад. Яъне дар ин маврид шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз беҳтар мегардад.

(165) ( 12 6,), соли со ли 2018 2 01 7

САМАРАИ МУНОСИБАТИ ДУРАНДЕШОНА Чуноне ки медонем соли равон бо иқдому ташаббуси Пешвои миллат якчанд чорабиниҳои сатҳи баланд бобати беҳтар гардидани сиёсати хориҷии кишвар, махсусан бо Ӯзбекистон ташкил гардид. Хусусан сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари азизамон Тоҷикистон аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Дар ин замина имрӯз сокинони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бемамониат рафту омад доранд. Яке аз инҳо сокини шаҳри Истиқлол Муродҷонамак мебошанд, ки якчанд муддат пеш бо завҷаашон ба шаҳри Самарқанд ба дидорбинии хешу ақрабо рафта, якчанд рӯз онҷо саёҳат карданд. Вақти баргаштан аксе, ки дар назди биноҳои таърихӣ гирифтаанд ба нашрия тақдим карданд. Гуфтанд, ки ман ба Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён мекунам, зеро бо иқдоми он кас имрӯз

муносибатҳо хуб гаштанд ва мо бемуаммо ба дидори хешу ақрабо ва ёру дӯстон рафтем. Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст, зеро тамоми нуқтаҳои наздисарҳадӣ бо кишвари Ӯзбекистон боз ҳаст ва шаҳрвандоне, ки тули даҳсолаҳо аз аҳволи хешу табор наметавонистанд хабар гиранд, имрӯз ба дидори якдигар расиданд. Сано бодо, ба Пешвои олиҳиммат! М.Ниёзов

“МЕТАЛЛУРГ” БАРОИ ИШТИРОК ДАР МУСОБИЌИ ВИЛОЯТЇ ОМОДАГЇ МЕБИНАД Давоми якчанд рӯзи охир бозингарони дастаи мунтахаби шаҳр “Металлург” барои ширкати фаъолона дар мусобиқаи футболи вилоятӣ омодагӣ дида истодаанд. Ба иттилои мураббиёни даста айни замон сару либос ва тамоми маводҳои лозима барои тамрини футболбозон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр харидорӣ карда шуда, дастраси бозингарон мебошанд. Даста дар мусобиқаи футболи вилоят фаъолона ширкат хоҳад кард. Ба пеш “Металлург”! Мухбири “НИ”

ХИЗМАТИ ЊАРБЇ ШАРАФ АСТ

Мухбири “НИ”

ШОНАСАРАК – ПАРРАНДАИ СОЛИ 2018

Шонасарак дар саросари олам чун паррандаи афсонавӣ машҳур мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва Осиё шонасаракро дидан мумкин аст. Соли гузашта дар Федератсияи Русия соли ҳудҳуд эълон гардида буд. Ба ақидаи паррандашиносони ҷаҳон шонарасак паррандаи ғайриодӣ низ мебошад. Зеро рафтору хусусиятҳои биологии шонасарак хеле аҷибанд. Шонасарак лонаашро ба таври алоҳида сохта, ба чуҷаҳояш аз хурдӣ тариқи ёфтани туъмаро меомӯзад. Аз ҷониби дигар, шонасарак санитари табиат низ мебошад. Онҳо кирму дигар ҳашаротҳои зарарнокро нест карда, ба муҳити зист фоида меоранд. Дар бораи тоҷи шонасарак ва ҳаёти он дар миёни мардуми дунё ва фолклори халқҳои гуногун нақлу ривоятҳои зиёде ҷой доранд. Ба қавли мардуми соҳили Волга замоне гӯё ҳудҳуд шоҳи паррандагон будааст. Аммо ӯ хостааст, ки худои тамоми паррандагон бошад. Аз ин рафтори ҳудҳуд худо ба ғазаб омадааст ва оқибат лонаи вай ба манзили буйнок табдил ёфтааст. Дар миёни халқҳои Кафкоз низ ривоятҳои зиёде то ҳол боқӣ мондаанд, ки зиракиву доноии шонасаракро ситоиш намудаанд. Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр

№ №14 17 17 апрели 2 7 м ай и

Дар шаҳри Истиқлол ҳамасола нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ саривақтӣ иҷро мегардид ва дар соли равон низ ҷавонони шаҳр барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба комиссариати шаҳр ҳозир мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки бархе аз волидайн барои гусели фарзандашон ба хизмати ҳарбӣ масъулияти баланд доранд. Метавонем оилаи Эрматовҳоро мисол оварем. Сарвари хонадон Эрматов Абдумумин ҳангоми

фаро расидани муҳлати хизмати фарзандашон Эрматов Шоҳрух, ки оилавӣ дар Россия буданд ба ватан баргашта дар рӯзи зодрӯзи Шоҳрух ӯро ба хизмати ҳарбӣ гуселониданд. Дар маросими гусел аҳли пайвандони Шоҳрух бо хурсандии том фарзандро барои таълим дар мактаби матонат фиристониданд. –Бояд ҳар як падару модар дар ин масъала пешсаф бошад, зеро фарзанд дар хизмати ҳарбӣ обу тоб мегирад ва албатта хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар аст, қайд намуданд падари Шоҳрух Эрматов Абдумумин. Сафи чунин волидайни бомасъулият кам нестанд, вале ҳастанд падару модароне, ки барои ба хизмат рафтани фарзандашон бо баҳонаи гуногун муаммо эҷод мекунанд. Бояд ин тавр набошад. Итминон дорем, ки дар даъвати баҳоронаи имсола ҷавонони шаҳри Истиқлол чун ҳамасола далериро аз даст намедиҳанд. Хизмати ҳарбӣ мактаби далериву шуҷоат ва матонат аст. Мухбири “НИ”

МАЪРАКАИ КАБУДИЗОРКУНӢ

Бо мақсади зебогардонии кӯчаҳои шаҳр ва дигар мавзеъҳо соли равон аз ҷониби КДФ “ХМК” зиёда аз 10

ҳазор бех гулҳои петуния ва салвия ва 50 ҳазор бех тухми гулҳои гуногун шинонида шуд. Ҳамзамон зиёда аз 700 адад бех дарахти коҷ (сосна), 150 бех дарахти сарв (кипарис), 27 бех дарахти бурс (можжевелник) ва 300 адад дарахтони мевадор ва 1800 бех дарахти сафедор дар шаҳр шинонида шуданд. Ҳамчунин назди баъзе аз корхонаву муассисаҳо низ гулу дарахтон шинонида шудааст. Барои зебо гардонидани мавзеи кор ва истиқомат шинонидани гулҳо ва дарахтони сояафкан зарур аст ва ин амал аз ҳисси зебоипарастии фаъолон ва сокинон дарак медиҳад. Мухбири “НИ”


№ 14 (165) №1 7 (1 26 ) ,, 17 апрели соли 2018 27 ма й и с о ли 2 0 17

МАЪРИФАТ

ЌАЊРАМОНИ МАЙДОНИ АДАБИЁТ Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, арбоби кабири сиёсиву маънавӣ, олим, нависанда, рӯзноманигори баландистеъдод, фарзанди фарзонаи миллат, устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ дар таърихи навини адабиёти тоҷик заминаи наверо кушодааст, ки имрӯз миллати мо ва миллатҳои гуногунзабон аз хазинаи пурғановати ин мутафаккири бузург ба таври васеъ истифода мебаранд. Садриддин Айнӣ шоири инқилобӣ ҳам буд, ки дар шеърҳояш ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ тараннум ёфта, дар замири инсон меҳри Ватанро бедор месозад. Устод С. Айнӣ асарҳои зиёдеро мероси адабӣ гузоштааст, ки ҳар як саҳифааш пур аз ҳикояву қиссаҳои наҷибест хонданбоб. Имрӯз асарҳои ин нависандаи бомаҳорат бо забонҳои гуногуни дунё чоп шудаанд, ки мардуми кишварҳои хориҷӣ аз ҳаёти вазнину тоқатфарсои мардуми тоҷик дар солҳои 1870-1940ум дарак ёфтаанд: Масалан, нависандаи фаронсавӣ Андре Жид барандаи Ҷоизаи Нобел чунин мегӯяд: «Ёддоштҳо» аз ҷиҳати равшании баён ва образҳои аҷибаш ба қиссаю афсонаҳои Шарқ монанд аст, ки дар лавҳи хотири кас бо тасвирҳои ҷолибу маҳорати суханварӣ нақш мебандад. То ин замон китобе нахонда будам чун «Ёддоштҳо»-и Айнӣ. Адиб, сайёҳ, тарҷумон ва донишманди маъруфи Ҳиндустон Раҳул Санкритяян, ки ба омӯзиши эҷодиёти нависандаи машҳури тоҷик С. Айнӣ машғул гардид, маълумоти мушаххас додаст.Соли 1948 то соли 1956 Раҳул Санкритяян дар шаҳри Патна асари «Марги судхӯр»-и устод Айниро бо номи «Судхор ка маут» тарҷума намудааст. Повести «Одина», романи «Дохунда» ва «Ғуломон»-ро аз забони тоҷикӣ бо забони ҳиндӣ чоп менамояд. Тарҷумон ба роман ва асарҳои устод Айнӣ пешгуфтор навишта, мароқи зиёд доштани хонандагони ҳиндуро шарҳ медиҳад ва дар шаҳри Оллоҳобод соли 1955 бори дуюм романи «Ғуломон» бо номи «Ҷо дас ҳе» ва дигар эҷодиёти Айниро аз чоп бароварда, пешкаши хонандагон менамояд.

Устод Садриддин Айниро ҳама чун сардафтари адабиёти муосири тоҷик мешиносанд. Аввалин омӯзгор, забоншинос, адабиётшинос, нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айни бо ҳаёту фаъолияташ дар пойдории забону фарҳанги миллати тоҷик хизмати арзанда карда, нақши босазо гузаштааст. Устод Айнӣ дар баробари адиби маъруф будан, инчунин рӯзноманигор ва публисисти оташинсухан буд ва бо ташкил шудани рӯзномаву маҷаллаҳо дар Осиёи Миёна пайваста бо матбуот ҳамкорӣ намуда, бо навиштаҳои худ мушкилоти ҷиддии ҳамон замонро муҳокима намуда кор мебурд. Устод аз зумраи қаламкашоне буд, ки он замон бештар аз ҳар каси дигар барои соҳибмаърифат шудани аҳолӣ, покизагии забони модарӣ ва ниҳоят дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми арзанда гузаштааст. Мо шахсиятҳои таърихӣ ва шинохтое доштем, ки дар замони зиндагиашон шӯҳратманд гашта, имрӯз фахри мо ҳастанд. Бузургӣ ва шаҳомати онҳоро халқ меписандид ва то ҳоло мудом қадр

Аз гуфтаҳои тарҷумон Раҳул Санкритяян бармеояд, ки ӯ солҳои 1948 дар Ленинград дар донишгоҳи давлатӣ кор карданаш бо устод С. Айнӣ мукотиба доштааст ва пеш аз он,ки бевосита ба тарҷума ва нашри асарҳои устод машғул шавад, аз ӯ маслиҳатҳо пурсидааст. Чунин чеҳраи барҷастаи адабиёт на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун нависандаи бузург эътироф гаштааст, балки дар Шарқу Ғарби Осиё ба асарҳои пурмаҳсул эътибори хоса зоҳир кардаанд. Поягузор ва падарсолори адабиёти муосири мо устод С. Айнӣ бо вуҷуди ин қадар азобу машаққат дар шароити вазнин таҳсили илм намудааст, ки ин қаҳрамонии ӯст дар майдони адабиёт. Бубинед,ки бидуни ғаму ғуссаҳои пайдарпай Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз хондану навиштан даст накашидааст! Бино ба гуфти Айнӣ нахустин дарёдмондаҳои ӯ пайванд ба сесолагиаш доранд. Падараш Сайидмуродхоҷа ва модараш Зеварой , бародаронаш Муҳиддинхоҷа, Сироҷиддин, Киромиддин ва як духтар ҳам зода шудаву ҳангоми тифлӣ мурда буд. Хонаводае буд серфарзанду к а м д а р о м а д . Муҳиддин дар Бухоро дар мадраса мехонд ва ба наздикӣ Садриддин низ бояд ба хондан мерафт. То б и с т о н и соли 1889 падари устод Айнӣ дар синни 57солагӣ аз бемории шадиди вабо чашм аз ҷаҳон барбаст, ки харҷи дафнаш 150 танга қарз бар ҷой гузошт. Дар ин вақт Сироҷиддини 9сола ва Киромиддини 4 –солаву нигоҳубини модари бемор ба дӯши Садриддини 12-сола монда буд…Модарро низ

ҳол хароб буд. Яке аз бародаронаш ӯро ба назди волидонаш ба рустои Маҳаллаи Боло мебарад ва дере нагузашт, ки ӯ низ он ҷо падруди ҳаёт намуд ва тағояш Алихон даъво намуд, ки барои дафни хоҳараш 100 танга хароҷот намудасту онро бозпас мехоҳад… …Бештари ҳосили ҷуворӣ ба ин қарзҳо рафт. Сафари Бухоро ва хондан ба мӯҳлати номуайян ба таъхир афтод…Ин гуна кӯдакии устод Садриддин Айнӣ поён омад. …Як сол пас, дар арафаи оши соли падару модар бародарон маҷбур мешаванд, ки ҳавлии Маҳаллаи Болоро бифурӯшанд… Беҳуҷраву бекӯяму беҷомаву дастор, Бе нуқли маю чангаму бемӯнису ғамхор. (С. Айнӣ). Ин буд каме аз ҳаёти хеле душвори устод С. Айнӣ. Дар порчаи марсияи модар ҳангоме, ки Айнӣ дарун-дарун месӯзад , беихтиёр хонанда ашк мерезад… Устод Садриддин Айнӣ дар кору пайкори масъули маорифпарварӣ фидокорона хизматҳои арзишноке намудааст, ки номи некаш ва китобҳои гаронмояву пурифтихораш дар саҳифаҳои таърих ҷовидонӣ сабт гардида ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд! Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ авв а л и н Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, нахустқаҳрамони Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Ӯ ба оламиён исбот намудааст, ки миллати тоҷик дар ҳама ҳолат собиру шокир мебошаду мардонавор мушкилиҳоро

33

паси сар менамояд ва ба ояндаи дурахшон умеди зиёд дорад. Айнӣ дар асарҳояш нокасону зоҳидони сарватдор ва амалдорони беинсофро нотарсона зери борони танқид мегирад ва урфу одати мардуми даври хешро ба хонанда равшан баён месозад. Забони насри устод С.Айнӣ содда, фаҳмо, ширину гуворо буда, мақбули хонандаи закӣ гардидааст, ки ҷаҳониён мазмуну мӯҳтавои асарҳои ӯро тавсифу талқин намудаанд. Аҳли зиёи дигар кишварҳо низ устод С. Айниро ҳамчун маорифгустари роҳи илм, шоири бомаҳорат, қофиясолору нависандаи ботаҷриба мешиносанду бо некӣ ёдовар мешаванд. Аслан асарҳои ахлоқиву тарбиявии устод Айнӣ самараи бисёрсола дошта, тафаккури худшиносии миллӣ, меҳри баланди ватандӯстӣ ва илмомӯзиро дар мағзу устухон ва хуну пӯсти насли имрӯзаву оянда бедор месозад. Имрӯз бо ифтихору дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе боғи устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ бунёд гардидааст, ки аҳли зиё ва мардуми тоҷик дар рӯзҳои иду фарҳангӣ он ҷо гаштугузор намуда, аз ин қадршиносии роҳбари давлат шукрона гуфта ,бо омину дуои нек ёдаш ба хайр мегӯянд. Аз ин фурсати бисёр бароям қиммат аҳли адабу қаламро ва кулли дӯстдорони суханро, бахшида ба муносибати 140-солагии нависандаи бузургу бомаҳорати тоҷик, қаҳрамони майдони адабиёт, олими барҷаста, арбоби шоиста, рӯзноманигори ҳақиқатшинос устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ табрик мегӯям! Ёдаш ба хайр ва рӯҳаш аз мо шод бошад! Бузурге фармуда: Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро. Нодира НАЗАРӢ

СИМОИ МАШЪАЛАФРӮЗИ АДАБИЁТ АСТ

менамоянд. Ман он шахсиятҳои созандаеро дар назар дорам, ки аз бунёдгарони давлати тоҷикон буданду тавассути онҳо алҳол ба тамаддуни баланд, адабиёти шинохта ва илми пешрафта сазоворем. Мо онҳоро ҳамеша ёд меорем. Ин гуна шаҳрвандон барои насли мо доимо ҳамчун нури дурахшон, намунаи ибрат ва садоқат ба ватану миллат буданд, вале хоксору оддӣ умр ба сар мебурданд. Ҳар яки ононро мо ин ҷо натавонем ном бубарем, зеро шахсияти ҳар яки онҳо ҷолиб аст. Дар ин ҷо ман боифтихор танҳо номҳои Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо дигаронро, ки ба хотири рушди таъриху маданият ва адабиёти тоҷик саҳми босазое гузаштаанд, аз хурд то бузург ба забон мегирем. Аз ин бузургони номбурда дар сафи нахуст асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддан Айнӣ меистад. Аз рӯи маҷмӯи дар боло иброз дошта танҳо як

далерро меорем. Соли 1926 баҳри исботи таърихи давлати тоҷикон китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба нашр расонд. Устод ҳаёти худро пурра ба илму адаб бахшида буд ва дарк менамуд, ки шараф ва бузургии инсон дар хоксорист. Инсони одӣ будани устод дар фаъолият, дар асарҳои беназир дар кашфиётҳои илмиаш баръало намудор аст. Садриддин Айнӣ аз худ осори таърихие барои насли оянда гузошт. «Бузургонро бузургон зинда медоранд», гуфтаанд, ки дар ҳақиқат, дуруст аст. Зеро ки соли ҷорӣ 140-солагии устод Садриддин Айниро ҷашн мегирем ва бузургии устодро ҳушдор мекунанд. Қаҳрамони Тоҷикистон, вассофи сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода дар достони «Чарощи абадӣ» симои устод Айниро хеле барҷаста офаридаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устод Айнӣ унвони Олӣ Қаҳрамони

Тоҷикистонро додаанд, ки ин рамзи эҳтирому сипосгузорӣ нисбат ба адабиёт ва фарзандони фарзонаи миллат аст. Лоиқ Шералӣ- шоири ширинкаломи зиндаёд низ дар васфи Айнӣ хеле хуб сурудаанд: Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ, Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ. Сари гӯри ниёгон машъале афрухтӣ аз меҳр, Аз ин рӯ, ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ. Дуруст аст, ки устод Садриддин Айнӣ бо меҳри бузург ҳастии таърихи адабиёти қадимаи моро аз нав зинда намуд. Ӯ дар қатори ниёгон симои асосии машъалафрӯзи адабиёт аст. Зокирова Гулнора, омӯзгори фанни забони давлатӣ дар МТМУ-и №2


4 4

№7 141( 12 (165) №1 6 ), , 17 апрели соли 2 7 ма йи с о ли 22018 0 17

МАДАНИЯТ

БАХШИДА БА “СОЛИ РУШДИ САЙЁЊЇ ВА ЊУНАРЊОИ МАРДУМЇ”

сайёњии дохилї

ЌАЛЪАИ ЊИСОР Қалъаи Ҳисор ёдгории таърихӣфарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Вожаи “ҳисор” маънояш “диж” ва “қалъа” аст. Ин қалъа бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он

Як лањза саёњат

қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ - уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. Олими рус Н.Новгородсев масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад:”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро

ВАБОИ АСР

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш оварда аст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамалакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсусан хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва гуруҳҳои террористӣ бо ном “Давлати исломӣ” “Ҳизби таҳрир” “Толибон” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террорристӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои

ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Миёна сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Боиси таассуф аст, ки аз нодонӣ ва ноогаҳӣ ва ё аз нодорӣ бархе аз ҷавонони имрӯза ба доми фиреби ин гуна ҳаракатҳо меафтанд. Холигии маънавӣ дар мағзи ҷавонон, надонистани таъриху моҳияти ҳақиқии дини мубини ислом ва ноогаҳии онҳо аз мазҳаби ҳақиқии авлодиашон боис мегардад, ки ба доми душманони миллату оини мо гирифтор мешаванд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист, махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба шарофати он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд на-

қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт ”. Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд. Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст. Аз Донишномаи озод

ЉАЗИРАИ АОГАШИМА ДАР ЯПОНИЯ

сайёњии хори ї Ин мавзеъ мавзеи сайёҳӣ буда ҷойи тамошобоб аст. Махсусан сайёҳон ба чашмаҳои гарм, ки аз вулқон ба вуҷуд меоянд оббозӣ мекунанд. Ҳамзамон дар ин мавзеъ ба моҳии кам дар кураи замин, яъне моҳии паррон вохӯрдан мумкин аст. Ин намуди моҳӣ то 50 сантиметр дарозӣ дошта зиёда аз 40 намуд дорад. Баъзе муддат, ё дар вақти пайдо шудани хатар ин моҳӣ аз об то баландии 10 метр бо суръати 80км соат мепарад ва якчанд лаҳза метавонад дар ҳаво бошад. Даромади мардуми ин маҳал аз ҳисоби фурӯши моҳӣ ва қабули сайёҳон ташкил мегардад. Аз тарҷума М.Ниёзов

Маҳалли истиқомати одамон, ки болои вулқони хомӯшшуда арзи ҳастӣ кардааст. Ин мавзеъро хурдарин ва дурдастарин ҷамоати Япония низ меноманд. Аҷибаш дар он аст, ки баъзе муддатҳо дар ин мавзеъ чашмаҳои обаш ниҳоят гарм ё чашмаҳои соҳиби ҳавли гарм муваққатан пайдо мешавад, ки боиси хатар ба ҷони мардуми ин ҷамоат гардидааст. Аммо сокинони ин мавзеъ инҷоро тарк кардан намехоҳанд.

омадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеъаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Паҳн гардидани тафаккури ифротгароӣ, мавҷудияти гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатарӣ ҷиддӣ эҷод менамоянд. Гурӯҳҳои ифротгароӣ динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ менамоянд. Аслан, ба номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихти-

лоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрувӯ манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст: Ҳар кӣ бо душмании халқ, равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад... Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ таъғир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ба амал овард. Дар ин бора нависандаи барҷаста Хемингуэй навиштааст “Агар дар оянда ҷанг рух дихад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидатарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад буд” . Вазифаи ҳар яки мо он аст, ки аз ин ҳаракатҳо ҷилавгарӣ кунем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми фиреби онҳо афтанд. Бояд ҳамагон якдилу яктан бишавем ва садди роҳи ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ, террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои бегона шавем ва нагузорем, ки душманони дину оини мо ваҳдати миллии

моро оромию осоиши мардумро, рӯзгорӣ тинҷи мардумро халалдор кунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз ин зуҳуроти фалокатбор огоҳӣ доданд: ”Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Сулҳе, ки Пешвои муаззами миллат ба Тоҷикистон овард нодиртарин ва қиматарин неъмат мебошад. Вазифаи муқаддаси мову Шумо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар баровард, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар муқовимат бо афкори экстримистӣ, террористӣ ва ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Ватани азизамонро халалдор созад. Ойматов Фахриддин

НОКАСОНРО ТАРБИЯТ КАРДАН ХАТОСТ

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ТЭТ ҲНИТ мехост давлати рӯ ба инкишофу соҳибтамаддуни моро бо қоидаву қонуни «исломӣ»-и таълифнамудаи воизону сарварони корчаллони «сиёҳу сафед»ба давлати ба ном исломӣ қарор дода, ҳуқуқи занҳоро поймол намояд. Аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ омада, тибқи фармоиши Абдуҳалим Назарзода , ки бо дастгириву маблағгузории давлати исломии Эрон анҷом дода шудаанд бармеояд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз асри гузашта домани нопоки худро паҳн намуда, пинҳонӣ амалиёт доштаанд. Маълум гардид, ки қатли

шахсиятҳои маъруфи кишварамон маҳз бо ёрии ин гурӯҳҳои хиёнаткор анҷом дода шудааст. Ҳайф аст, ки инсонҳои поктинату ватандӯст бо дасти ин нохалафон ба марги маҷбурӣ расидаанд! ТЭТ ҲНИТ тарғибгари дигар мазҳабу сиёсати бегона буда, ба миллату Ватани худ разилона хиёнати нобахшиданӣ намудааст! Таҳдидҳои ногувори ин равандҳо то ҳол давомнок буда, боиси таҳлука ва ташвиши мардум гардида, сабаби марги чандин нафар ҷавонону кӯдакон шудааст. Ин гуна одамон аз хурдӣ ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ одат намуда, ки ин аз муҳити оила сарчашмаи ҷиддӣ дорад. Мегӯянд, ки як намакхӯрда

чиҳил сол андеша кардааст. Аммо намакхӯрдагони давлати мо чӣ кор карданд! Ба ҷои нафъи хешро расонидан, баръакс, ифротгароиву кинаҷӯӣ ва домгузориву одамрабоӣ намуданд, яъне намак хӯрда намакдони давлатро шикастастаанд! Дар кадом гӯшаву канори меҳан, ки зиндагӣ мекунем он ҷо Ватани мову шумост! Хокаш муқаддас аст! Ҳатто ҳавояш қиммат аст! Лекин на ҳар кас ин ҳиссиёту эҳсосотро дарк карда метавонад! Сари ин маъала дар ҳар шумораҳои рӯзнома мақолаҳои ҷолибу таъсирнок чоп мешавад, ки ба гӯши дили ҷавонону хонандагон расида, таъкид менамояд, ки алайҳи терроризм мубориза ҳамаҷиҳата

С А Р МУЊ А Р Р ИР М.НИЁ З О В

(Бо забони то икї ва русї) МУАССИСИ ЊАФТАНОМА:

Маќомоти и роияи њокимияти давлатии шањри Истиќлол

Нишонии идора: 735701, шањри Истиќлол, кўчаи Исмоили Сомонї 14 Телефон: 2-54-87, (92)712-59-84

Њайати тањририя: А. Шарифзода, Н. Комилзода, Н. Умарова. Тарҳи компутерӣ: Саидмаъсум Атҳамҷонзода

омӯхта шуда, ҳушёриро аз даст набояд дод. Имрӯзҳо кам нестанд нотавонбинону кӯрнамакон, ки аз дасташон ба ҷуз вайронкорӣ ва тӯҳматгароӣ чизи дигаре намеояд, ба истеъдоду илҳоми дигарон садди роҳ мешаванд. Аз мушоҳидаҳои хеш перомуни ин равандҳои тундгарои ҷомеа, ки имрӯз сар то сари сайёра чун морони заҳрдор номаълум бо амалҳои манфию гӯшношунид теша ба решаи миллат мезананд, алҳазар! Аз ин гуна афроди беномус, нокас кӯрнамаку хиёнаткор Худо безор! Ман нотарсона алайҳи мубориза барои чунин бешарафон мегӯям, ки нокасонро тарбият кардан хатост!

Дар домани сабзи Ватан бо як ҷаҳон ифтихори ватандориву ватандӯстӣ бо меҳру муҳаббати саршор ва самимӣ таронаи Ватанро месароям! Мо ҳар як кафи хоки Ватани азизамонро ба ҷон баробар медонем! Ҳар як сангашро дурдонаву гавҳар мешуморем! Ҳар як қатраи обҳои зулолашро кони шакар меҳисобем! Ҳар як фарди баору номуси ватандӯстро азизу мӯътабар медонем! Сухани суханваронро қадр месозем! Хони маънавии дӯстдорони каломи нобро зиннат мебахшем, то ин ки чароғаке фурӯзон шавад ва нокасонро захми сухан маъюб созад! Нодира Назарӣ

Раќами ќайд №0289/рз аз 15.04.2015 Њафтанома њар рўзи чоршанбе нашр мегардад. Њафтанома ба таври офсет дар матбааи “Кова” чоп шудааст.

Супориши № Теъдод 700 нусха

Ба хотири чандандешї маводе низ чоп мешавад, ки хилофи назари нашрия бошад. Ба дурустии раќаму санадњо соњибони эълону реклама ва маводњо авобгўянд.

Навиди Истиқлол № 14 (2018)  
Навиди Истиқлол № 14 (2018)  
Advertisement