Issuu on Google+

Дар rатрае дарё бубин

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум ЊАФТАНОМА АЗ 21 МАРТИ СОЛИ 1998 ИНТИШОР МЕШАВАД

11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2013

№ 52 (729)

¥ÀÔÒÀ : ÀÇ ×ÎÐØÀÍÁÅ ÒÎ ×ÎÐØÀÍÁÅ

ÌÓËΣÎÒÈ È¯ÐÎÊÓÍÀÍÄÀÈ ÂÀÇÈÔÀÈ ÐÀÈÑÈ ÂÈËÎßÒÈ ÑÓŠÄ ÀÁÄÓÐÀ²ÌÎÍ £ÎÄÈÐD ÁÎ ÔÀÚÎËÎÍÈ ØÀ²ÐÈ £ÀÉÐΣ£ÓÌ

Дар доираи сафари кории худ ба шањру навоњии вилоят љињати аз наздик шиносої пайдо кардан бо вазъи иќтисодї, иљтимої ичрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї 10 декабр ба шањри Ќайроќќум омад. Ќабл аз баргузории љаласаи фаъолони шањр Абдурањмон Ќодирї аз љараёни сохтмони Маркази саломатї, ки бо сармоягузории ширкати хориљии "Ал-Шафар" бунёд меёбад шинос шуда оид ба сифати сохтмон ва муљањњаз кардани таљњизоти муосиру хизматрасонии љавобгўй ба талаботи рўз ба масъулин маслињату дастурњои мушаххас дода, баъдан дар бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр бо чанд тан собиќадорони љангу мењнат суњбати самимиву ошкоро ороста, аз вазъи рўзгору њифзи иљтимоии эшон пурсон шуд. Сипас, дар толори калони маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр, ки он љо роњбарони корхонаю муассисањо, ташкилотњо, раисони љамоати шањракњо, сохторњои њифзи њукуќ, фаъолон аз њамаи соњоти хољагии халќ њузур доштанд мулоќоти иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї доир шуд. Нахуст Худойназар Юлдошев, Раиси шањр аз номи мардуми Ќайроќќум Абдурањмон Ќодириро љињати ба ин вазифаи баланд таъин шуданаш муборак гуфта, дар фаъолияти кориаш муваффаќият таманно кард ва оид ба фаъолияти хољагии халќи шањр дар 11 моњи соли равон, вазъи иќтисодию иљтимоии шањр гузориш дод. Абдурањмон Ќодирї, иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд дар љараёни гузориши раиси шањр оид ба чанд масъала, аз љумла њиссаи иштироки соњибкорон дар бунёди коргоњњои истењсолї пурсиш ба амал оварда, аз кам будани теъдоди соњибкорон, њамагї 647 нафар ва сањми онњо дар рушди иќтисодиёт дар њадди њамагї 2,2 дарсад изњори нигаронї дошт. Шароити феълї таќозо мекунад, ки дар ин самт соњибкорони шањр фаъол гашта њарчи зиёдтар коргоњњои хурду бузурги истењсолї бунёд намоянд ва љойњои нави корї таъсис ёбад. Раиси шањр Худойназар Юлдошев дар иртибот ба ин масъала иброз дошт, ки давоми ду-се соли охир аз љониби соњибкорон аз 8 то 10 корхона сохта ба истифода дода мешаванд. Дар пурсиш ба суоли иљрокунандаи Раиси вилоят доир ба боз њам тавсия бахшидани истењсолот директори генералии Љамъияти муштараки Тољикистону Канадагии мавќеаш мањдуди "Апрелевка" Бахтиёр Маљидов, директори генералии комбинати фулузоти нодири "Ленинобод" Мањмудљон Холиќов ва соњибкор Нуриддин Ќосимов изњор карданд, ки аз оѓози соли нави 2014 ворид кардани хатњои нави технологї ва њамкорї бо соњибкорони хориљї дар назар аст. Иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї аз вазъи соњаи маориф ва тандурустии шањр пурсон шуда аз нарасидани омўзгорони варзидаву соњибмаълумот дар баъзе мактабњои шањр ва њамзамон фаъолият доштани мутахассисон бо маълумоти миёнаи касбиву миёна дар ин мактабњо, тамоили афзоиш пайдо кардани фавти модару кўдак дар шањр изњори ташвиш карда, аз масъулини соња дар муњлати кўтоњтарин ислоњ кардани нуќсонњоро таќозо кард. Иљро нашудани чор намуди андоз ва ба ин васила ба буљети шањр ворид нагаштани зиёда аз 2 миллион сомонї маблаѓ

низ аз назари ичрокунандаи вазифаи Раиси вилоят манфї арзёбї гашт ва масъулини соњаро ба иљрои сифатноки наќшаи андоз вазифадор кард. Дар марњилаи аввали фаъолияти худ ду масъаларо феълан аз самтњои афзалиятнок арзёбї кард: аввал таъмиру сохтмони роњњои шањр, сониян фаъол кардани корхонањои саноати сабук ва њамзамон шароит фароњам овардан ба таъсиси љойњои кории нав бо љалби таљњизотњои хориљї. Масъалаи таъмини ањолии шањр бо оби нўшиданї ва мушкилии хатти ташноб дар муњлати кўтоњ њаллу фасли худро хоњад ёфт, таъкид дошт ичрокунандаи вазифаи Раиси вилоят. Таќсими ќитъањои замини наздињавлигї ва дар ин росто даст кашидани масъулини кумитаи заминсозї аз њар гуна монеањои сохта низ бояд ба њукми доимї ворид шавад ва ањолї ба мушкилї рў ба рў нашавад, таъкид дошт, Абдурањмон Ќодирї. Ба андешаи иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят шањри Ќайроќќум дар ояндаи начандон дур ба маркази сайёњиву фароѓатї мубаддал шавад ва ин њолат даст медињад, ки садњо нафар сокинони мањаллї бо љойњои нави корї таъмин бошанд. Бо љалби соњибкорон бунёд кардани марказњои истироњатию мењмонхонањои баландошёна дар соњили Бањри тољик аз талаботњои рўз аст, - иброз дошт Абдурањмон Ќодирї зеро ба оянда бо назари умед бояд нигарист. Пешгирї ва кушоди сад дар сади љинояткорињо дар шањр, љорї кардани тартибу низом дар љойњои љамъиятї, волоияти ќонун дар љомеа аз талабњои иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аз тарафи роњбарони сохторњои њифзи њуќуќи шањр буданд. Дар мулоќот иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї дастур дод, ки љињати пур намудани фазои иттилоотї обуна ба нашрияњои даврро ба роњ монанд. Бо истифода аз баландгўякњои озод чанд тан аз намояндагони касбу корашон гуногун, аз љумла Муъминљон Юсуфов аз корхонаи давлатии воњидии экспедитсияи геологии Ќайроќќум, Саодат Сафарова, омўзгори мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 14, Саодат Пўлотова, узви Шўрои директорони Љамъияти сањомии кушоди "Ќолинњои Ќайроќќум" баробари пешнињод оид ба рушди соњоти гуногун Абдурањмон Ќодириро љињати мушарраф шудан ба вазифаи Раиси вилоят шодбош гуфта дар иљрои кори дар пеш истодааш барор хостанд. Иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Суѓд Абдурањмон Ќодирї барои пазироии гарму љўшон ва самимии ќайроќќумиён арзи сипос карда иброз дошт, ки он корњои созандагиву бунёдкорона, ки солњои охир дар шањру навоњї вусъат дошт дар якљоягї бо фаъолон идома хоњад дод ва дар ободу хур-

рам гаштани вилоят, зиндагии шоистаи ањолии он талош хоњад кард. Дар интињои мулоќот Раиси шањри Ќайроќќум Худойназар Юлдошев ба Абдурањмон Ќодирї барои ташрифи кориаш ба шањр, он дастуру супоришњояш љињати ислоњи камбудињои мављудаи соњањо изњори миннатдорї карда, роњбари вилоятро эътимод бахшид, ки њамаи вазифањои дар назди масъулини шањр гузошта иљрои худро хоњанд ёфт. Бо њамин мулоќоти иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо фаъолони шањри Ќайроќќум анљом пазируфт.

Õàáàðíèãîðè "Ñîμèë"

8 декабр иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї њайати кории ЉДММ "Ширкати куњї-саноатии Тољикистону Хитой" ро бо роњбарии директори генералии ин ширкат Чен Ин Сян ба њузур пазируфт.

ÊÎÐÕÎÍÀÈ ÌÅÒÀËËÓÐÃD ÁÓ꬀ ÌÅØÀÂÀÄ Директори генералии ЉДММ "Ширкати куњї-саноатии Тољикистону Хитой" њини суњбат нахуст Абдурањмон Ќодириро ба муносибати Раиси вилояти Суѓд таъин шуданаш табрик гуфта, омодагиашро ба идомаи њамкорињои самаранок дар оянда изњор дошт. Дар љараёни суњбат љонибњо масъалаи бунёди корхонаи куњї - металлургиро дар шањри Истиќлол мавриди баррасї ќарор доданд. Корхонаи мазкур, ки аз љониби ЉДММ "Ширкати куњїсаноатии Тољикистону Хитой" бунёд мешавад, барои истењсоли мањсулоти нињої аз маъданњои куњї нигаронида шуда, он солона иќтидори коркарди зиёда аз 50 њазор тонна маъдани руњ ва 50 њазор тонна маъдани сурбро доро хоњад буд. Љонибњо зимни суњбат дар баробари бунёди ин корхонаи бузурги металлургї як ќатор масъалањои дигари марбути ин корхонаро аз ќабили мумфарш кардани роњњо, таъмини корхона бо об, кашидани хати интиќоли нерўи барќ, вазъи экологии минтаќа, бунёди наќб дар роњ аз шањраки Зарнисор то шањри Истиќлол мавриди баррасї ќарор доданд. Маврид ба зикр аст, ки наќби Зарнисор - Истиќлол, ки 2,8 километр дарозї хоњад дошт, баъди сохта ба истифода додан, масофаи роњи миёни шањраки Зарнисор ва шањри Истиќлолро ќариб чор маротиба кўтоњ менамояд. Абдурањмон Ќодирї бо роњбарияти ЉДММ "Ширкати куњї-саноатии Тољикистону Хитой" инчунин масъалаи љалби коргарони мањаллиро ба ин корхона ва тарбияи мутахассисони љавонро аз ин њисоб арзёбї намуда, таќозо дошт, ки ба ин масъала таваљљуњи хоса зоњир карда шавад. ЉДММ "Ширкати куњї-саноатии Тољикистону Хитой" корхонаи металлургиро дар шањри Истиќлол дар майдони 70 гектар бунёд менамояд, ки дар он 1200 нафар шањрвандон бо љои кори доимї таъмин мешаванд. Дар ин коргоњи саноатї 12 намуд мањсулоти металлургї ва химиявї истењсол карда мешавад.

Õàäàìîòè ìàòáóîòè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó²ä

14 декабр - Иди касбии кормандони маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон

ÒÀÁÐÈÊÎÒÈ

Ðàèñè øàμðè £àéðî³³óì Õóäîéíàçàð Þëäîøåâ áà ìóíîñèáàòè дçè ïðîêóðàòóðà 14 декабри соли равон ба ташкилёбии маќомоти Прокуратураи Тољикистони соњибистиќлол њаштоду нуњ сол пур мешавад. Маќомоти прокуратураи мамлакат тайи ин солњо дигаргунињои азим ва пешрафту дастовардњои бузургро аз сар гузаронид. Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба зањмату хизмати кормандони ин маќомот бањои баланд дода, чунин гуфтаанд: «Дар миёни маќомоти њифзи њуќуќ Прокуратура маќоми хосае дорад. Он мувофиќи Конститутсия ва ќонунњои дигари љумњурї якљоя бо дигар маќомоти њифзи њуќуќ бояд барои мустањкам гардонидани ќонуният ва решакан намудани љинояткорї мубориза барад». Ин суханони Сарвари давлат Шумо кормандони маќомоти прокуратураи шањрро водор месозад, ки б��њри амалї гардонидани ин боварии бузург ва масъулиятнок дар њифзи ќонун ќувваю дониш ва мањорати касбии худро пайваста ба харљ дињед. Фаъолияти маќомоти прокуратура ба хотири таъмини суботу оромии љомеа, њимояи њуќуќу озодињои шањрвандон, тањкими волоияти ќонун, адолати њуќуќї ва риояи низоми тартибот, бењбудї ва некўањволии мардуми кишвар равона карда шудааст. Аз фурсати мусоид истифода бурда тамоми кормандони маќомоти прокуратураро бо иди касбї, ба муносибати 89-солагии таъсисёбии маќомоти Прокуратураи Љумњурии Тољикистон табрику тањният гуфта, дар фаъолияти корї комёбї, хонаи обод, умри бобаракат ва саломатии бардавом таманно дорам.


C O   

2

14 äåêàáð - 89-ñîëàãèè òàúñèñ¸áèè ìà³îìîòè ïðîêóðàòóðàè ¯óìμóðèè Òî¿èêèñòîí

²ÎÔÈÇÈ ÀÄË Эњдо ба Прокурори вилояти Суѓд, генерал-майори адлия, њомии адлу ќонун Ќурбонов Шарифљон Њабибуллоевич Ќурбони он шарифу њабибам, ки адл дорад, Болои њар набиштаи бад хатти батл дорад. Ќурбони он шарифу њабибам, ки њифзи инсоф, Бар ў њамеша лаззату фархундагї биёрад. Ќурбони он шарифу њабибам, ки шабу рўз, Дар фитраташ мизони адолат нињода мањфуз. Тимор дораде, ки вилоят зудуда гардад, Оњиста аз низову хусумат, зи макри солус. Ќурбони он шарифу њабибам, ки ном дорад, Бо доду додгустарињо эњтиром дорад. Бошад шарифи мулкати тољик, муборакаш бод, Бошад њабиби уммати содиќ, муборакаш бод. Ќурбони он шарифу њабибам, ки некро аст, Њамраъйи Сарвари одил - пешвои мо аст. Умраш дарозу бахт шавад ёвари њаёташ, Монад чунин љавондилу хуштабъ бо нишоташ. Áàμîðàëº ÍΣÈË (Òóðñóíîâ)

ÏÐÎÊÓÐÎÐ

Прокурор њомии ќонуни мост, Азми ќавї дораду њам роњи рост. Богунањонро бидињад гар љазо, Бањри њама бегуноњон муттакост. Нест варо як нафас оромие, Дар рањи њифзи шарафу обрў. То накушояд гирањи бастаро, Боз нагардад зи рањи љустуљў. Мезанад умре вараќ ў дафтаре, Дафтари кору амали одамон. Мекунад аз сањфаи пур аз далел, Ў гуноњи бегунањиро аён. Дар дами санљидани бори гунањ, Дафтари ќонун њама дар рањбар аст. Бегунање то нашавад мањбасї, Оќилу фарзонагиаш довар аст. Прокурор чашму дили давлат аст. Бетарафиро накунад ихтиёр. Бањри њаќиќат бикунад ў талош, Карда дар ин роњ гање љон нисор. Прокурор покдил инсон бувад, Покиаш аз покии имон бувад. То сабаќе гирад аз ў нохалаф, Њар амалаш мактаби виљдон бувад. Прокурор марди баору ба нанг аст, Мекунад ў хизмати худро накў. Пурсї агар: кист адолатпараст? - Прокурор аст! Бигўяш ба ту.

Ìåúðî¿èääèí Êàìîë

£îíóí âà ¿îìåà

Њар як фарди љомеа бояд зарурати риояи бечунучарои ќонунро амиќ дарк намояд. Итоат ба ќонун бояд ба одати њар як шањрванд табдил ёбад.

11 декабри соли 2013

£ÀÐÎÐÈ ÐÀÈÑÈ ØÀ¥ÐÈ £ÀÉÐΣ£ÓÌ àç 10 äåêàáðè ñîëè 2013

¹157

Äàð áîðàè äàúâàòè è¿ëîñèÿè XVI Ìà¿ëèñè âàêèëîíè õàë³è øàμð (äàúâàòè ÷îðóì) Мутобиќи моддањои 12 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї" ќарор мекунам: 1.Иљлосияи XVI Маљлиси вакилони халќи шањр (даъвати чорум) 20 декабри соли 2013, соати 09:00 даъват карда шавад. 2.Ба баррасии иљлосияи XVI Маљлиси вакилони халќи шањр (даъвати чорум) масъалањои зерин пешнињод карда шавад: 2.1. Њисоботи Раиси шањри Ќайроќќум дар бораи фаъолияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр дар давоми соли 2013. 2.2. Њисоботи комиссияи доимии Маљлиси вакилони халќи шањр доир ба масъалањои ќонуният ва тартиботи њуќуќї. 2.3. Њисоботи вакили Маљлиси вакилони халќи шањр аз њавзаи интихоботии №23. 2.4.Тасдиќи ќарорњои Раиси шањр.

Ðàèñè øàμðè £àéðî³³óì:

Þëäîøåâ Õ.À.

ÍÀÁÇÈ Ð¤Ç

£ÀÉÐΣ£ÓÌ

Эмомалї Рањмон Чї мешавад, ки дар ин умри дурўза бо якдигар мењрубон бошему дасти њамдигар бигирем? Зиндагї ин фаќат айшу нишот, ишќу муњаббат, беѓамию бедардї нест, вай пастию баландї, талхиву ширинї, ташвишу тараддуди худро дорад, ки њар кас бояд сарбаландона аз ин имтињон гузашта тавонад. Љони одамизод аз санг аст мегўянд ва ба њар як мушкилоте, ки ба сараш меояд, тоќат мекунад. Вале њастанд ашхосоне, ки ин чизро нодида мегиранд, сабукфикру бетоќатанд. Як чизро бояд гуфт, ки мувофиќат накардани хислати зану шавњар дар зиндагї ба бисёр бадбахтињо оварда мерасонад. Аз сабаби њамдигарнофањмї ва ё ин ки муносибати носоз оилањои љавон пароканда мешаванду кўдакон бесаробон мемонанд, зиндаятим-аз падар ё модар људо мегарданд. Бештари бадбахтињое, ки дар оила сар мезананд, ин аз бадмастиву майхорагии мардон ба вуљуд меояд. Аммо дар баъзе њолат зане, ки ба майнўшї одат кардааст, боиси љанљолу муноќишањои оилавї мешавад. Музаффар ва Найля, ки дар шањраки Зарнисор умр ба сар мебурданд, бо орзуњои зиёд хонадор шуда, соњиби ду гулписар Хуршед ва Сипар гаштанд. Баъзан љои мењру муњаббатро нафрату адоват мегирифтааст. Оњиста-оњиста муносибати љавонон таѓйир ёфта, ќариб њар рўз байни њам бо бањонаи ночиз хархаша мебардоштагї шуданд. Ба мушкилоти зиндагї тоб овардан њам њунар аст, аммо Найля инро њазм карда натавонист. Ў ба майнўшї даст зада, ќариб њар рўз ба хона маст меомадагї шуд. Љанги оилавї акнун њаррўза буд. Рўзе набуд, ки Найля аз шавњараш калтак нахўрда бошад. Муноќиша, занозанї, тањќири якдигарии падару модар ба тарбияи бачањо низ халал мерасонд. Оњистаоњиста дар дили Музаффар хашму хусумат аланга гирифта, тоќаташ тоќ шуд ва хост бо лату кўб аз Найля ќасосашро гирад. Бо ин маќсад ў рўзе ба хона омада дид, ки Найля боз бадмастї мекунад. Аз фурсат истифода бурда, Найляро лату кўб менамояд. Ончунон бо зарбањои зиёд мезанад, ки

узв-њои дарунии зан алалхусус љигараш зарари вазнин мебинад. Найляро дигар шинохтан осон набуд. Тамоми аъзои баданаш зарб хўрда, ќариб њамаи устухону узвњояш осеб диданд. Ба нолиши љонкоњи Найля нигоњ накарда, Музаффар бо маќсади ќасдан расонидани зарар ба саломатии њамсараш занозаниро давом дод ва дар натиља ба марги ў сабаб гардид… Дар роњњои пурпечутоби зиндагї на њар кас омирона ќадам монда метавонад. Байни њамсарон аќаллан яке аќли расову фањму фаросати баланд дошта бошад, зиндагї маљрои худро дармеёбад. Агар Музаффар сабукфикрї накарда, бо насињат ва маслињати худ Найляро аз роњи бад гардонида метавонист, ба сари худашу оилааш ин ќадар бадбахтињоро намеовард. Аммо "об, ки аз сар гузашт, чї сад ваљаб, чї як".

ËÎÍÀÅ ÂÀÉÐÎÍ ÃÀØÒ… Найляро ба роњи охират гусел карду худ паси панљара нишаст. Кўдакон бошанд, бесаробон монданд. Вале акнун дер шуда буд ва пушаймонї надорад оќибат суд… Аз беандашагї Музаффар Зарипов љинояти дар банди «в», ќисми 3-и моддаи 110 КЉ Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки љавобгарии љиноятиро барои ќасдан ба саломатї расонидани зарари вазнине, ки барои њаёти инсон хавфнок мебошад ва аз беэњтиётї он боиси фавти љабрдида гардид содир намуд.

À.£àëàíäàðîâ, ìóôàòòèøè êàëîíè ïðîêóðàòóðàè øàμðè £àéðî³³óì, ìóøîâèðè àäëèÿè äàðà¿àè ÿêóì

Øàø íàâèä äàð øàø ñàòð Бо иќдоми Раиси шањри Ќайроќќум Худойназар Юлдошев 23 нафар нафаќахўрони яккаву танњо бинобар набудани шароит дар манзили зист њафтае як маротиба аз хизмати њаммоми "Муњайё" ройгон истифода мебаранд.

Тўли ёздањ моњи соли сипаригардида ќолинбофони ќайроќќумї 1 миллиону 203 њазор метри мураббаъ мањсулоти ќолинї истењсол намуданд, ки он нисбати њамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд аст ва онњо ният доранд то охири сол зиёда аз 1 миллиону 350 њазор метри мураббаъ мањсулоти хушрангу зебои ќолинї истењсол намоянд.

Бахши кор бо занон ва оила ва бахши Њилоли Ањмари Тољикистон дар шањри Ќайроќќум бо њадафи расонидани кўмаки моддї ба оилањои ниёзманд дар фасли сармо аксияи "Мо ѓамхори Шумоем!" аз 9 то 14 декабри соли равон гузаронида истодааст.

Имрўз дар шањраки Чоруќдаррон семинари 71-уми "Корвони маънавиёт" доир гардид, ки мавзуњои он фарогири фаъолияти омўзгории "Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон", равоншод Абдуѓаффор Ѓоибов мебошанд.

Дар олимпиадаи байналхалќии фосилавї дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Русия хонандаи синфи 10-и МТМУ №8 Пўлотова Мадина аз фанни биология соњиби медали тилло гашт.

Мењмонхона - ќањвахонаи "Наврўз" баъди таъмиру тармим дар арафаи Соли Нав ба фаъолият шуруъ мекунад.

Õàáàðíèãîðè "Ñîμèë"


C O   

11 декабри соли 2013

Агар Ќайроќќум миёни мардуми љумњурї ва собиќ кишварњои шўравї чун шањри энергетикњою ќолинбофон, сайёњон ва њамчунин геологњою моњидорон машњуру маъмул гашта бошад, акнун бо шарофати даврони соњибистиќлолию самари он ва рушди бемайлони иќтисодї дар њамаи самтњо ба як шањри воќеан њам пешрафтаи саноатї ва аз лињози шањрдорї сарсабз ва ба шањри истироњативу фароѓатї, шањри гулњо мубаддал хоњад ёфт. Бе ваљњ њам нест, ки Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон њар бори сафари кории хеш ба вилояти Суѓд, дар ин шањри соњили "Бањри тољик" таваќќуф карда, љињати боз њам ободонии он ба масъулини шањру вилоят дастуру супоришњои мушаххас медињад, ки онњо татбиќи худро меёбанд. Аз љумла соли 2010 дар озмуни вилоятї миёни 18 шањру навоњї бењтарин шањр эътироф шудани Ќайроќќум шањодат ба ин гуфтањост. Дар муддати кўтоњи ваќт мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани чандин иншоотњои зебову замонавии дорои ањамияти иќтисодиву иљтимої: коргоњњои истењсолї, осоишгоњњо, марказњои савдою хизматрасонї, манзил, давра ба давра бо дастгирии молиявии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр ва дигар сарчашмањои маблаѓгузорї мумфарш шудани роњњои дохилї, сабзазор карда��и гулгашту роњравњо дар масоњати наздик 2, 5-3 њазор метри мураббаъ ва шинонидани нињолњои сояафкану ороишї, гулу буттањо бешубња, Ќайроќќумро њусну таровати тозае бахшидаанд, ки басо гуворову дилнишин аст. -Бо дарназардошти он, ки солњои охир доиршавии бисёр чорабинињои сиёсиву иќтисодї, фарњангиву варзишии ањамияти љумњуриявию байналмилалї дар ин љо ба њукми анъана медарояду шањри Ќайроќќум њамзамон муаррификунандаи мамлакату миллат њам мањсуб меёбад, бояд зебову дилрабо бошад, - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар яке аз љала-

саи фаъолони вилояти Суѓд. Суханони роњбари кишвар њар масъулини сохторњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќайроќќумро вазифадор мекунад, ки талош дар корњои созандаву ободкорї дар мадди назари доимии онњо ќарор гирифта, дар хурраму сарсабз, љолибу њам дилоро шудани симои шањр наќши муњим бозанд. Албатта, шањрдории асил он љо мањсуб меёбад, ки дар кори ободу зебо, замонавию ба талаботњои имрўза љавобгўй шудани кўчаю хиёбонњо, майдону фароѓатгоњњо иш-

Øàμðäîðº афзун аз љараёни фаъолияти љомеаи мењнатї дар ин соли сипаришаванда, наќшањои минбаъдаи хизматрасонї сухан мекунад. -Ислоњот дар соњаи мо низ марњила ба марњила амалї шуда самари хуб мебахшад ва сарфи назар аз баъзе мушкилоту норасоии техникањои махсус њам маљрои амиќу муътадили худро дармеёбем. Бемуњобот, ченаки асосї ва муайянкунандаи фаъолияти мо, ин тозаву озода будани сањни биноњои истиќоматї, роњраву кўчањо, хиёбонњо, шукуфону сарсабзии канори роњу майдонњои шањр мебошад, - таъкид медорад директори корхонаи фаръии хољагии манзилию коммуналї, - нодида гирифтани ин пешравињо низ аз рўйи адолат нахоњад буд. Ташкили дурусти кор имкон медињад, ки сатњи хизматрасонї дар ќиёс ба солњои ќаблї болотар раваду боиси ќаноатмандии ањолї шавад.

£ÀÉÐΣ£ÓÌ ÑÀÐÑÀÁÇÓ ØÀ¥ÐÈ ÃÓ˥ΠÌÅØÀÂÀÄ тироки њар сокини он фаъол бошад. Вале мусалламу табиист, ки бештари тараддуду такопўйро дар ин масъала асосан ањли љомеаи мењнатии корхонаи фаръии давлатии хољагии манзилию коммуналї ба дўши хеш доранд. Фирўз Шарифович Гадоев, директори корхонаи мазкур, бори дуввум аст, ки ин муассисаро сарварї менамояд бо самимияти

3

Бино ба иттилои Фирўз Гадоев агар ду-се сол ќабл дар пардохти маблаѓи аз љониби муштариён боиси аз њад зиёди нигаронї буд, имрўз бењтар шуда моње то 45-50 њазор сомониро ташкил медињад ва тамоили афзуншавї њам дорад. Теъдоди муштариёни воќеї низ имрўз то њафт њазор нафар мерасад. Агар пештар 65 дарсади маблаѓгузории соња аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр бошаду 35 дарсадаш аз њисоби худмаблаѓгузории корхона њоло ин нишондод 50 бар 50 расидааст, ки ин ќадами љиддие дар соња аст. Албатта, иштибоњ ва муболиѓа мебуд агар гўем, ки корхона муваффаќ гаштааст њамаи талаботи хидматрасониро сад дар сад тибќи талаботи рўз ба роњ монд. Чун дар дигар муассисањои хидматрасонї њанўз нуќсонњои корї зиёданд, аммо муњим он аст, ки имрўз масъулини соња рисолати аслии худро бо масъулияти комил эњсос менамоянд ва доимо дар љустуљўю такопўй њастанд. Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Оид ба худфаъолияти љамъиятї" дар шањр 23 нозироти манзил интихоб шудаанд, ки бо њамкорї дар ин самт љињати ислоњи камбудињои мављуда мусоидат менамоянд. Дар арафаи иди соњибистиќлолии кишвар Наталя Нуралиевна бењтарин нозир эътироф шуд, ки ин њам муваффаќияти кор аст.

-Талош дорем бо миќдори ками техника, ки њамагї 4-5 адад (дар даврони шўравї 19 адад буд)-ро ташкил медињад, њамаи корњои асосиро анљом дињем. Интизорї меравад, ки ояндаи наздик бо сарчашмањои гуногуни маблаѓгузорї соњиби техникањои замонавї шавем, - таъкид мекунад Фирўз Гадоев, - Болоравии музди мењнат низ миёни кормандону мутахассисон як дилгармие ба вуљуд овард. Музди маош имрўз ба њисоби миёна 500 сомониро ташкил медињад ва аз соли нав боз вобаста ба даромад то 20 дарсад зиёд хоњад шуд. -На њар кас хоњиши ин љо кор кардан дорад, зеро шароит вазнин, талабот сахт аст, - мегўяд Фирўз Гадоев, - онњое, ки дар муассисаи мо фаъолият доранд аз субњ то бегоњ, зери борону барф, шамолу гармї баъзан бе рўзњои истироњат пайи коранд. Бо истифода аз фурсат кори хуби ронанда Муњиддин Њабилов, партовбар Абдувањњоб Ќаюмов, рўбандањо Зуњро Маљидова, Љањоной Худойбердиева, Сабоњат Тошматоваро ќайд кард, ки софдилона кори худро ба љо меоранд. Ба хотири пешрафти соња ва боз њам шукуфонию сарсабзии кўчаю хиёбонњои шањр мутахассисон ба бунёди гармхонаи худї ноил шуданд, ки тамоми фасли сол парвариши гулу буттањои ороиширо ба роњ мондан имконпазир шудааст. -Ин иќдоми мо дар шароити низоми бозоргонї љавобгўй ба талаботи рўз аст. Рўшан аст, ки имрўз нархи як бех кўчат дар бозор то 30-35 сомонї арзиш дорад, аз ин рў њалли ин масъала аз лињози молиявї барои корхона манфиатовар мебошад. Дар љараёни соли равон зиёда аз 3100 бех нињолњои гуногуни сояафкану ороишї шинонида, 4,5 њазор бех ќаламчањои гули садбарг парвариши худро ёфта, зиёда аз 2 њазор метри мураббаъ канори кўчаи марказї чимпўш шуданд, ки бо нашъунамову сарсабзиашон дидањоро шод мекунанд, мегўяд сарвари муассиса. Як нуктаро бояд ба самъи хонандагон иброз намоям, ки дар тозаву озода, поку мусаффо, гулзор шудани шањр бояд худи сокинони шањр низ сањм гузоранд. Сањми онњо дар он ифода меёбад, ки ана њамин сабзазорро аз нобудшавї њифз намоянду зери по накунанд ва наврасонро дар руњияи ба ќадри зањмати дигарон расидан тарбия намоянд. Ќайроќќум бо дарназардошти љойгиршавї дар соњили "Бањри тољик" бояд ба шањри сарсабзу хуррам ва шањри гулњо мубаддал шавад, бањри расидан ба ин орзуи гуворо ба кулли кормандони корхонаи фаръии давлатии хољагии манзилию коммуналии шањр барори кор хоњонем.

¯îâèäè Àøòº

Таљрибаи омўзгор

ÎÌ¡ÇÈØÈ ÌÀØ£²ÎÈ ÔÎÍÅÒÈÊD ÄÀÐ ÄÀÐѲÎÈ ÇÀÁÎÍÈ ÀÍÃËÈÑD ÄÀÐ ÑÈÍÔÈ 7 Забон донї - љањон донї гуфтаанд. Вакте, ки шахс ба ѓайр аз забони модарии худ боз забонњои дигарро медонад, вай бо фарњанг, илму техника, сиёсат ва пешрафти иќтисодии дигар давлатњо шинос шуда метавонад. Яке аз забонњои маъмултарини дунё ин забони англисї аст. Мањз барои њамин њам Њукумати Тољикистон ба донистани ин забон ва омўзиши он дар њама намуди таълимгоњњо эътибори љиддї медињад. Ин забон яке аз забонњои шавќовари дунёст. Чї ќадар бо талаффузи хоса нутќатонро баён кунед, њамон ќадар шавќу завќи шунаванда ба омўзиши ин забон зиёд мешавад. Ман ваќте, ки ба синфи 7 медароям яку якбора синфро оромї фаро мегирад ва хонандагон интизори салому алейк бо забони англисї мешаванд. Дар ин лањза ман мегўям: Good morning, dear pupils. Пас аз салому алейк пурсиши навбатдор гузаронида шуда њозиру ѓоиб карда мешавад. Даќиќањои аввали дарси забони англисї омодагии хонандагон ба омўзиши дурусти забони англисї равона кардани толибилмон аст. Дар худи китоби дарсї низ омада, ки муаллим бояд аввал ба талаффузи овозу њарфњо, таркиби њарфњо, баландшавї ва пастшавии садои овоз эътибор дињад. Ќариб дар њамаи мавзуњои ин китоб машќњои якуму дуюмаш ба талаффузи дурусти овозњо нигаронида шудааст. Боз машќњое њастанд, ки онњо аз пастшавї ва баландша-

вии садои овоз иборат мебошанд. Агар мо овоз ва њарфњои забони англисиро дуруст талаффуз намоем, он як садои форами мусиќиро медињад, ки ин диќќати шунавандаро ба худ љалб месозад. Ман дар равиши машѓулият ва сабаќомўзии шогирдон аз њамин усули таълимдињї, ки гармкунии синф њам мегўянд истифода мекунам. Аввал худ мехонам, баъдан ба тариќи якљоя, яъне хорї мехонем, пас аз ин толибилмони аълохон мехонанду ва баъд навбат ба сустхонњо дода мешавад. Аз навиштан дар тахтаи синф ва хондан низ истифода менамоям. Бо њадафи шавќовару пурмазмун ва хотирмон љараён гирифтани сабаќомўзи дар дарсњо аз ќироати шеъру тезгўякњо, феълњои дурусту нодуруст, зарбулмасалњо истифода намудан аз манфиат холї нест. Масалан, як пораи шеъриро ќироат менамоям: We can read, we can write We can speak English, too. We love learning English, And what about you? Њини гузариши дарс тезгўякњои зеринро истифода менамоям: a) which is switch? which switch is which? b) A big black bug bit a black dear,

A big black bear bit a big black bug Барои дуруст аз бар намудани моњияти асосии машѓулиятњо аз феълњои дурусту нодуруст истифода бурдан аз манфиат холї нест: begin - began - begun draw - drew - drawn have - had - had hold - held - held Истифодаи зарбулмасал равиши дарсро боз њам шавќовартар мегардонад: It's better to do well than to say well. To know everything is to know nothing. Everything is good in its season. Махсусан дар луѓатомўзї ба масъалаи машќи фонетикї, яъне овози калимањо диќќати бисёр медињам. Чунки асоси омўзиши забон аз луѓатомўзї иборат аст. Хулоса, агар хоњем, ки хонандаи мо дорои забони ширини гуфтугўи бошад, бояд ба талаффузи дурусти овозњо дар мадди аввал эътибори љиддї дињем.

Çàððèíà Ìàäàìèíîâà, îì´çãîðè ôàííè çàáîíè àíãëèñèè ÌÒÌÓ-è ¹1, øàμðè £àéðî³³óì


C O   

4

11 декабри соли 2013

Суроѓаи мо: шањри Ќайроќќум, кўчаи Истиќлол - 77 Филиали ЉСК «Тољиктелеком», телефон барои робита: 2-32-20, 2-33-61 Ýúëîí

Áà òàâà¿¿óμè øàμðâàíäîí! Аз рўи меъёри шабонарўзии додашуда интиќоли ќувваи барќ барои љамоати шањракњо ба таври зайл аст: - Пагоњї аз соати 6.00 то 8.00; - Бегоњї аз соати 17.00 то 21.00. Эзоњ: рељаи мазкур тибќи нишондоди Маркази вилоятии танзимгарони ќувваи барќ таѓйир ёфтанаш аз эњтимол дур нест.

Øàáàêàè áàð³è £àéðî³³óì

ÝÚÒÈÁÎÐ ÍÀÄÎÐÀÄ Шиносномаи техникии манзили зист, ки ба сокини шањр�� Ќайроќќум, кўчаи Истиќлол, хонаи 2, њуљраи 32, Хидирбекова Ўктамхон Азимљоновна, тааллуќ дорад, бо сабаби гумшавї эътибор надорад.

ÝÚÒÈÁÎÐ ÍÀÄÎÐÀÄ

Шиносномаи техникии манзили зист, ки ба сокини шањри Ќайроќќум, кўчаи Айнї, хонаи 31, њуљраи 13, Бердникова Анна Константиновна тааллуќ дорад, бо сабаби гумшавї эътибор надорад.

¥èêìàòè ð´ç:

Зи кибри мастиву майхонашинї, Заминро гањ зери по набинї. Замин гоњо аз он љунбад, ки гўяд, Ѓанимат дон, ки дар рўи заминї. ÑÀÐÌÓ¥ÀÐÐÈÐ Ðóñòàì¿îí Îäèçîäà

(Бо забони тоxикb ва русb) МУАССИСИ {АФТАНОМА: Ìà³îìîòè è¿ðîèÿè μîêèìèÿòè äàâëàòèè øàμðè £àéðî³³óì

Нишонии идора: 735750, ша[ри Rайроrrум, кeчаи Истиrлол 61 «а». Телефон: 2-42-34, (92)806-26-06 E-mail: Sohil_tj@mail.ru

Лоиќ Шералї

¥àéàòè ý¿îäº:

Ðà³àìè ³àéä 21-Ð-6

Љовиди Аштї,

{афтанома [ар рeзи чоршанбе нашр мегардад. {афтанома ба тарзи офсет дар КВД Исте[солии матбаа[ои вилояти Суuд чоп шудааст.

Лутфия Неъматзода, Хуршедаи Вализод, Ѓозибеки Яњёзод, Рањима Ѓаниева.

Масъулини нашр: Xовиди Аштb, Гулxа[он Турсу нзода Тар[с озии компютерb: М.М у[амм адxо нов Cупориш № 1904 Теъдод 1350 нусха


11-12-2013