Page 1

 MOPA, MOAPOH XOAPOH BA OHBOH A!

Дар rатрае дарё бубин

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум ЊАФТАНОМА АЗ 21 МАРТИ СОЛИ 1998 ИНТИШОР МЕШАВАД

Модар офарандаи њаёт, олињаи зиндагї, сароѓози рўшании дилњо, нури чашмони фарзандон, бебањотарин сарчашмаи мењри беканору ќиматтарин ганљинаи дунёст! Ýìîìàëº Ðàμìîí

ÔÀÐÕÓÍÄÀ ÁÎÄ ÈÄÈ ÌÎÄÀÐ, ÈÄÈ ÁÎÍÓÂÎÍ, ÈÄÈ ÃÓË¥ÎÈ ¥ÀÌÅØÀÁÀ¥ÎÐÈ ÁÎFÈ ÇÈÍÄÀê! ÒÀÁÐÈÊÈ Ðàèñè øàμðè £àéðî³³óì áà ìóíîñèáàòè дçè Ìîäàð Модарони азизу гиромиќадр! Бонувони арљманд! Тамоми занону модарон ва кулли бонувони шањрамонро ба ифтихори бузургдошти Рўзи Модар, ки бо фарорасии бањор дар сарзамини мо тавъам омадааст, самимона табрик мегўям. Модару бањор њаммаъно буда, оѓози зиндагї, хушбахтї мебошанд, зеро табиат аз бањору зиндагї аз модар сарчашма мегирад. Боло бурдани маќому мартабаи зан дар љомеа, ки аз минбарњои гуногун пайваста дар суханронињои Президенти кишвар Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон самимона садо медињад, нишони таваљљуњ ва эътибори хоса додан ба кору фаъолияти занон мебошад. Бузургии Зан-Модар дар рисолати тарбиятгарї ва иќдому ташаббусњои созандагиву бунёдкории ў таљассум меёбад. Зеро дар њама давру замон занон бо хислати наљиби тарбиятгарии худ њамеша љомеаро ба пос доштани арзишњои умумибашарї, сулњу субот, вањдат, дўст доштани Ватан, инчунин ба кору амалњои неку созанда даъват мекарданд ва имрўз

низ ин рисолатро онњо ба зимма доранд. Соли шашум аст, ки дар Тољикистони соњибистиќлоли мо бо ибтикори Сарвари давлат санаи 8 Март чун Рўзи Модар ва рамзи эњтирому арљгузорї ба маќому мартабаи Зан-Модар таљлил мегардад ва ба яке аз идњои бошукуњ ва писандидатарини мардум табдил ёфтааст. Иди Модар дар Љумњурии Тољикистон њамчун љашни зебоиву дилписандї сол аз сол ботантана љашн гирифта мешавад. Зеро, Зан-Модар бо мењру муњаббат ва рањму шафќати хеш сарчашмаи зиндагї ва гармии њар як хонавода ба шумор меравад. Бо камоли эњтирому самимияти беандоза ин љашни пуршукуњ, ин рўзи фархундаву файзбахш ва хотирмонро, ки мо дар остонаи он истодаем, ба кулли модарон ва дар симои онњо ба тамоми занону духтарон табрику тањният намуда, барояшон тансињатию хонаободї, зиндагии шоиставу њаёти хуррамона, хотирљамъї ва бахту саодатро таманно менамоям.

Ðàèñè øàμðè £àéðî³³óì, Õóäîéíàçàð Àìîíçîäà

Òà¿ëèë

¯ÀØÍÈ ÁÀ¥ÎÐÈ ÇÈÍÄÀÃÈÈ ÁÀØÀÐ Имрўз дар толори «Кохи Истиќлол» љашни зебову дилписандї-Рўзи Модар дар шањри соњили Бањри тољик ботантана таљлил гардид. Зеро, Зан-Модар азизтарин инсони рўйи замин буда, зиндагї аз нафаси гарму дилнавози ў ибтидо мегирад. Дар тантана, ки дар Кохи Истиќлоли маркази шањр баргузор гашт, Худойназар Амонзода, Раиси шањри Ќайроќќум њамаи занону духтаронро ба Рўзи Модар самимона муборакбод гуфта, ба онон саломативу хушбахтї, рўзгори пурсаодат ва тамоми хушињои оламро орзу кард. Мавсуф зикр намуд, ки таљлили Рўзи Модар худ нишонаи эњтиром ба ин олињаи пок аст, ки Худованд ба ў муъљизаи ба олам овардани тифли покро додаасту идомаи насли инсониро. Тайи солњои соњибистиќлолї яке аз иќдомњои наљибе, ки амалї мешавад,

6 МАРТИ СОЛИ 2014 № 10 (740)

ÍÀÕÓÑÒÌÓÆÄÀ²ÎÈ ÁÀ²ÎÐÎÍÀ Òóμôàμîè èäîíà

Аз љониби Президенти мамлакат ба ду нафар чењрањои маъруфтарини шањр Санавбар Нуруллоева ва Римма Беляева, Раиси вилоят ба 4 нафар занон ва Раиси шањр ба 8 нафар бонувон туњфањои идона ба ифтихори 8 Март таќдим карда шуд.

Ìóëî³îò äàð Çàðíèñîð Зарнисор. Дар толори ЉДММ «Ширкати куњї - саноатии Тољикистону Хитой» тибќи наќшаи МИЊД -и шањри Ќайроќќум ва прокуратура вохўрии ањолї бо прокурори шањр, мушовири адлияи дараљаи якум Абдуллољон Абдуллоев доир гардид. Масоили рушди иќтисод дар соли сипаригардида, Ќонунњои ЉТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзиму расму оинњо дар Љумњурии Тољикистон», худкушї, муносибатњои гендерї мењвари асосии ин мулоќот буд.

Òàäáèðμîè ôàμìîíäàäèμº Консой. Дар вохўрие, ки бо фаъолони шањрак доир гашт, Аюбљон Шодиев, ёрдамчии прокурори шањр, мушовири адлияи дараљаи дуюм ва мудири бахши кор бо дин Муродљон Абдуллоев перомуни масоили супоришу дастурњои Президенти мамлакат, ки дар љаласаи васеи њукумати кишвар баён гардиданд ва татбиќи Ќонунњои ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуданд.

«Êîðâîíè ñàëîìàòº» Адрасмон. Кормандони Маркази саломатии шањр бо таљњизотњои муосир ва доруворињои зарурї ба шањрак ташриф оварда, дар баробари хизмати ройгон ба эњтиёљмандон моњияти ташкили чорабинии «Корвони саломатї» - ро ба мардум шарњу эзоњ доданд.

Ôóð´øè ìàμñóëîòμîè êèøîâàðçº Ба муносибати Рўзи Модар бо иќдоми Раиси шањр Худойназар Амонзода рўзи шанбе дар кўчаи ба номи Љомї ярмарка - фурўши маводњои кишоварзї доир гашт. Мањсулотро кишоварзони шањру навоњии Б.Ѓафуров, Спитамен, Љ.Расулов, Истаравшан ва Ќайроќќум ба харидорон пешкаш намуданд.

«Ãóëáàðãè äàðãîμ» Њусни мавзунат аё гулбарги даргоњ, Љовидон монад зиёбахшанда чун моњ Дар озмуни номбурда 10 нафар гулдухтарон ширкат варзида, њафт намуди шартњои асосии озмунро иљро намуданд. Ба иттилои Муслимахон Исоќова, мудири бахши кор бо оила ва занон шоњљоизаи озмун насиби Мењринисо Норматова (аз НБО), љои якумро Гулчењра Њасанова (шањраки Адрасмон) ва Манзура Ортиќова (беморхонаи марказї), Мадина Муъминова (коллељи тиббї) љойњои дуюму сеюмро ишѓол намуданд.

Çè¸äà àç 20 ìåμðíîìà Ба озмуни «Модар маъбади мењру вафо», ки ба ифтихори љашни азизтарин шахси рўзгори мо, мањбубтарин инсони њаёти мо, ќаринтарин нафари дунёи мо, бењтарин устоди њастиямон - Модар, ки холиќи заминияш мехонанд бахшида шуд, зиёда аз 20 мењрномаи ашхоси касбу кори гуногун ворид гардид.

ин ташаббуси шахсии Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бањри баланд бардоштани маќом ва манзалати зан дар љомеа мебошад. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум нисбати љалби занон ба њаёти иљтимоиву сиёсии шањр тадбирњои мушаххас меандешад. Худойназар Амонзода ба фаъолзанони ташкилоту корхона ва љамоати шањракњо аз номи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр Ифтихорномаю туњфањои хотиравї супорид. Инчунин ѓолибони озмунњои «Модар маъбади мењру вафо», «Гулбарги даргоњ» ва дастаи бењтарини волейболбоздухтарон бо мукофотњои арзанда ќадр гардиданд. Њунармандони хушсалиќа бо савту таронањои хуш табъи њозиринро болида намуданд.

Дар маъракаи гулу нињолшинонї бошандагони шањр фаъолона иштирок намуданд. Зиёда аз 4 њазор бех нињолони њамешасабзу ороишї ва 3 њазору 800 адад гулњои садбаргу навъњои дигар шинонида шуд. Тавре Мањмудљон Рањматов, мудири бахши наќлиёт ва коммуникатсияи дастгоњи Раиси шањр шарњ дод, кўчаи марказї ва минтаќаи фароѓатї дар фаслњои бањору тобистон њусни зебое ба худ хоњанд гирифт.

Ãóë¿àμîí Òóðñóíçîäà

Ìàðêàçè ìàòáóîòè Ðàèñè øàμð

Òåúäîäè íèμîëó ãóëμî àôçóä

¥àøàð Рўзи аввали бањори нозанинро сокинони шањри Ќайроќќум бо њашари умумихалќї истиќбол намуданд. Пайроњањои одамгузар, гирду атрофи манзили зист, њудуди корхонаю ташкилотњо аз партов тозаю озода ва маъракаи нињолу гулшинонї идома дода шуд.


C O   

2

6 марти соли 2014

Hypy cao oa o eμp oapo ac, y Moapoa y eapo ac. Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 6 марти соли 2009 дар бораи 8 Март њамчун «Рўзи Модар» эълон шудан - ин ќадршиносї, арљ гузоштан ва эњтироми бузург нисбат ба Зан-Модар мебошад. Тибќи «Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020», дар самти ба даст овардани намояндагии баробарии занон дар Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум дар њама самтњои идоракунї муваффаќиятњои назаррас ба даст омадааст. Ќайд кардан ба маврид аст, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа» заминаи асосї дар афзоиши теъдоди занони роњбар

дар нињодњои давлатї гардид. Солиёни охир теъдоди занони мутахассису соњибтаљриба дар соњањои гуногуни маќомотњои давлативу љамъиятї торафт афзоиш ёфта, онњо дар рушди пешрафти њаёти љомеа сањми воќеии худро гузошта истодаанд.

44 нафар аст. Дар коллељи тиббии маркази шањр 116 нафар духтарон пайи тањсил буда, 33 нафар омўзгорон низ аз њисоби бонувон мебошад. Аз 1988 нафар аъзоёни ЊХДТ 1125 нафарашон занону духтарон њастанд. Дар Маркази касбомўзї соли сипаригардида 250

Бонувони муътабар ва соњибнуфузи шањрамон Њафиза Мадалиева, Санавбар Нуруллоева, Шањзода Мусобекова, Римма Беляева, Ли Роза ва дигарон фахри мо њастанд. Имрўз дар сафи кадрњои роњбарикунанда 51 дарсадро занон ташкил медињанд. Шумораи умумии хизматчиёни давлатї бошад,

нафар духтарон тањсил намуда, соњиби тахассусњои гуногун шуданд. 10 нафар вакили халќї дар Маљлиси вакилони халќи шањр низ аз њисоби занон аст. Имрўз тибќи квотаи президентї дар макотиби олии кишвар 38 нафар духтарон тањсил доранд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии

шањр, тањти сарварии Худойназар Амонзода, Раиси шањри Ќайроќќум бањри баланд бардоштани нуфузи бонувони ќаламрави шањр таваљљуњи хоса зоњир менамоянд. Агар тамоми баргњои дарахтон вараќ гарданду оби тамоми кўлу бањру дарёњо ранг ва бо њамаи ин васфи модарро кунем, тамом мешаванд, вале мењри модар поён надорад. Модарони азиз, самимона ба шумо салому дуруди беинтињои бањорона гуфта, њамеша таманно дорем, ки њељ гоњ доѓи фарзандро набинеду њамеша сарбаланду саломат бубошед. Идатон фархундаю фирўз бод, модарону хоњарони мењрубон!

P Moap yopa!

Ìóñëèìàõîí Èñî³îâà, ìóäèðè áàõøè êîð áî çàíîí âà îèëàè äàñòãîμè Ðàèñè øàμðè £àéðî³³óì

ÁÀ ÎÇÌÓÍÈ

«Ìîäàð ìàúáàäè ìåμðó âàôî» Модар - чї мафњуми зебову дилнишин. Њар гање калимаи модарро ба забон мегирем, симое пеши назар меояд, ки аз он чашмони пурмењраш нур меборад. Танњо суханони пур аз мењр моро хушбахттарин инсони олам месозад. Модар, ту асрори дили фарзандонатро бе гапу њарф мефањмї, зеро ки онњоро дар маѓзи љонат парварда, ба дунё овардаї. Бесабаб нагуфтаанд, ки ту бо як даст гањвора ва бо дасти дигар сайёраро мељунбонї. Модар ба мо ду дасти гиро ва ду чашми бино додааст, то ки мо дунёро шиносем.

£ÀËÁÈ ÏÓÐÌŲРСоати сеи шаб занги телефон. Писар гўшакро мебардорад. Аз он садои модар: бачам чї њол дорї, саломатият хуб аст? Фарзанд: - модарљон њамааш хуб, тинљист? Модар: -њељ гап нест, танњо хостам, овозатро шунавам. Фарзанд: барои њамин нисфи шаб занг мезанї, модар? Модар: магар нороњат шудї? Фарзанд: - бале. Модар: - писарам, 22 сол ќабл, ту њам маро нороњат карда будї, зодрўзат муборак.

Çåáîòàðèí ìàâ¿óäîòè äóí¸

Êîìèëòàðèí èíñîíè îëàì Модар, он ки дар нигоњи шуълабори ў љуз мењру шафќат, вафову садоќат ва покию озодагї дигар чизе нест. Модар, он ки дар дили кўчаку њассоси хеш њама суру нишот ва ѓаму андуњи оламиёнро љой дода. Модар, он ки Рўдакиву Хайём, Љомиву Сино, Айниву Турсунзодаро ба дунё оварда. Модар, ин њамон занест, комилтарин инсони олам. Мо бояд ба ќадри модар бирасем. Мањз ў ба мо њаёт бахшиду сухан гуфтану ќадамњои аввалин нињоданро омўхт. Модар, ту инсони аз њама азизтар. Он суханони ту ба ман нерў мебахшанд, ќувват медињанд ва њар як суханони туро дар вараќи дили худ љо мекунам. Модари азизу мењрубон, њамеша дуогўи мо бош!

Ìóíèðà Èìîìîâà, äîíèø¿´éè áàõøè ÿêóìè ãóðóμè 105, ìóàññèñàè òàúëèìèè ²àéðèäàâëàòèè êîëëå¿è òèááèè øàμðè £àéðî³³óì

Шукри Худованд боз ба бањори нав расидем ва дар омад-омади фасли зебои бањор таљлил гардидани Рўзи бузургдошти Модар ин њастии муќаддас, басо рамзист. Модарони дуогўю арљмандамон, чун муаллимони рўзгордориву зиндагиомўзи беминнат, дар таълиму тарбия муќаддаму муњим њисобидани наќши Зан - Модарро борњо собит кардаанд. Чуноне Пайѓамбарамон Муњаммад (с) гуфтаанд: њама ашёи олам зебост, аммо модар аз њамаи мављудоти дунё авлотару зеботар аст. Љинси зан на танњо латиф асту модар, балки дар њама љодаву кирдор дар баробари созандагони зиндагии сазовор аз уњдаи њар масъулияте мебарояд, агар ба ў бовар намоянд. Оре, зиндагониро њиммати Зан-Модар файзу баракат бахшидааст. Дасти ў дасти пурэъљоз ва тавоност. Наќши ин дастони гулпарвару гулмонандро дар њамаи соњањои рўзгор метавон дид. Таваљљуњи хосаи Сарвари давлат ба таќдири занон, баланд бардоштани маќому манзалати онњо дар пешбурди љомеа моро торафт руњбаланд мегардонад. Хушбахтона, имрўз онњо дар љодаи сарварї, дар созмонњои љамъиятї, дар фаъолияти соњибкорї сарбаландона мањорати худро нишон медињанд. Зан-Модар дар пешрафти умури љумњур, мулкдорї ва дар иљрои вазифа њам кам аз мард нест. Ў дорои чунин ќудратест, ки метавонад башарро аз пастиву гумномї ба баландиву иззат бирасонад. Ў шабу рўз дуогўи фарзандон, дуогўи ањли љомеа мебошад. Дуои Модар албатта мустаљоб хоњад шуд. Чуноне, ки шоири маъруф Лоиќ Шералї фармуда: Сад љону дил фидои як муддаои модар, Фатњу кушоиш орад дасти дуои модар. Бишнид гар садоям дунёи сахтгўшон, Ангезаест шояд аз аллањои модар. Самимонаю мењрона ин санаро ба модарони азизи шањрамон муборак мегўям ва ба онњо дар тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соњибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос ва сариштаи рўзгору фаъолияти кориашон бурдборињо орзу дорам. Мехоњам онњо босаводу соњибихтисос, пешрафтаву фарњангї, дар зиндагї њамеша њаќталошу маърифатљў бошанд. Ба Шумо муњаббат таманно дорам. Муњаббат ба Ватан, Миллат ва Зиндагї!

Ìåμðèíèñî Íîðìàòîâà, íîçèðè êàëîíè ØÊ, ÍÁÎ-è øàμðè £àéðî³³óì

Фарзанд: - мебахшед, модарљон, њазор узр! Модар бо садои њамеша мењрубонаш љавоб дод: - њељ гап не, писарам, шаб ба хайр, ором бихоб. Аммо хоб аз чашмони писар парид ва шаб дар назараш ба сол табдил ёфт. Сањар шуд, писар ба сўйи хонаи модар шитофт, хост аз модар боз узр пурсаду ташаккур гўяд, вале ваќте, ки он љо расид, дид, ки дасти модар дар болои телефон, дар њамон њолат љон ба Љонофарин супоридааст...!!! ... Модар поктарин, бомењртарин ва сазовортарин инсон барои па-

растиш ва арљгузорист. Њељ чиз муќаддастар ва покизатар аз мењри модар нест. Њарчанд ба њељ иззату эњтиром натвон бузургии ўро арљ гузошт, зеро: Якшаба он ранљ, ки модар кашид, Бо ду љањонаш натавон баркашид. Биёед, њар лањзаи бо мо будани модаронро ѓанимат шуморида, хизмати онњоро аз тањти дил ба љо орем ва дуои бебањои ононро гирем, вагарна мисли ин писар дер мемонем. Ќалби пурмењри модар то абад осуда нест, Ќалби ў дар зери хок њам ёди фарзандон кунад!!!

Ðàõøîíà Ôàéçóëëîåâà, äîíèø¿´éè êóðñè ñåþìè Äîíèøãîμè äàâëàòèè Õó¿àíä, áà íîìè Á.¢àôóðîâ

ÀÊ ÑÈ ÑÀÄÎ

Ñèïîñíîìà àç Õèñòåâàðç

Салом кормандони нашрияи «Соњил»! Чанд рўз пеш ба хонаи яке аз хешовандонам ба шањри Ќайроќќум омада будам. Рўзномаи «Соњил» ба чашмам расид. Маводњои шумора њама хонданбоб буд, аммо шеъру маќолањои рубрикаи дар озмуни «Модар маъбади мењру вафо» буда боз њам шавќовартару таъсирбахштар буданд. Њарчанд сокини шањри Ќайроќќум нестам, аммо завќам боло гирифт, то дар ин озмун иштирок намоям. Ташаккур мегўям, ба ањли эљоди нашрия, ки шеъри озмунии маро бо номи «Модарам» манзури муштариён дар шумораи №9, аз 26 феврали соли равон гардониданд.

Ñèòîðà Ñàòòîðîâà, õîíàíäàè ñèíôè 10 à , ÌÒÌÓ-è ¹54, ¿àìîàòè äåμîòè Õèñòåâàðç, íîμèÿè Á.¢àôóðîâ

Салом њайати эљодии њафтаномаи «Соњил»! Рўзномаро мутоила намуда, аз эълон шудани озмуни «Модар маъбади мењру вафо» хеле шод гаштам. Эълон гаштани чунин озмунњо рўзномаро боз њам шавќовартару хонданбоб намуда, дар муттањид гардидани эљодкорони ќайроќќумї замина муњайё менамояд. Модар, ки њоло барам нест, хеле пазмон шудаам ва ба хотири эњтироми бузург ба шахси муътабару азиз баъди хондани маќолаи «Мунољот ба модарам...», ки ба ќалами Бунафша Машарифова тааллуќ дорад, маводеро бо номи «Таронаи мењр» эљод намудам.

ÒÀÐÎÍÀÈ ÌÅ¥Ð

- Модаро, дар боѓча туро ба Замин ташбењ доданд. Дар хаёл бо лавњи кўдаконаам гуфтам: - Модари ман Замин нест. Ў фаќат модари мењрубони ман аст. Солњо гузаштанд. Дар домони ту руста, бо мењру парастории модаронаат болу пар баровардам, одаму оламро омўхтам ва дар пайки вуљудам дарк кардам, ки тую Замин њамшабењи якдигаред. Чењраи пур аз чинњои туро мебинаму мегўям, аљабо ба пастию баландињои замин чї монандие доранд. Ожангњои рўят туро боз њам нуронитар кардаанд, чун куњсорон Заминро. Мўйњои сап - сафедат барфи ќуллањои куњњои сар ба афлок кашидаро ба хотир меоранд. Њамон барфњо тулуъи њазорон чашмасорон, рудњои равон. Чї хел нагўям, ки њамшабењи якдигар нестед? Ба аёдати ту омадам. Дар лаби суфаи њавлї

нишастаї. Чашмонат мањзун, ќоматат хамида, бо асои дастони ларзонат ба замин такя дорї. Замин бошад, ба ту такя дорад. Назора мебарї муѓљањои гули шохи зардолуро, бозии муѓчаро. Мепурсам: - модарљон, чї хаёле доред? Оњ духтарам, хаёлам дар он аст, ки бунафшањо кай мешукуфта бошанд? - Ба шукуфтани бунафша ягон коре доред? - боз пурсидам. - Не бўяшро хеле-хеле пазмон шудам, љавоб дод модарам. Эй Модару Замин чї ќадар тавъами якдигаред. Ба аёдати ту омадам эй маъбади мењр, сиришти покї, арўси солхўрдаи ман, ѓуруби умраш тулуъи зиндагї. Замин аз нав арўси зебо гаштааст. Бунафшањои ту шукуфтаанд, бароят туњфа овардам, њадя аз Замин, вале ту куљої, Ìóáîðàê Ðàμèìîâà, Модари љон?

ìóàëëèìàè ÌÒÌÓ-è ¹ 14

Ту куљої?

Парастуњо ба лонањои хеш бозгаштанд. Охир бањор омад.Табиат гулпўш ва чењрањо болида. Аммо кошонаи ман сард. Чаро намеої, ту куљої, эй Модари мењрубону мушфиќ?

Îìèíàè Ìèðçî


C O   

6 марти соли 2014

3

Æåíùèíû Êàéðàêêóìà

...ÏÎÉÌÅÒ ÒÅÁß, ÏÐÎÑÒÈÒ È ÍÈÊÎÃÄÀ ÍÅ ÏÐÅÄÀÑÒ 8 марта все прогрессивное человечество мира празднует Международный женский День. В нашей стране, начиная с 2009 года, этот праздник отмечается, как День матери. Переименование этого праздника в республике осуществлено в целях воздания почестей матери - созидательнице, воспитателю поколений. День, когда мы отдаем дань уважения и почитания самому дорогому для нас человеку - нашим матерям. Отдаем дань памяти ушедшим, выражаем свою любовь и признательность матерям, которые всегда по жизни рядом с нами. "Мать этот тот человек, который зная о тебе самое плохое, поймет тебя, простит и никогда не предаст" крылатые афоризмы великих мудрецов до сих пор актуальны и будут оставаться в сердцах людей многие столетия. Женщина, о которой мы расскажем вам на страницах нашей любимой газеты, приехала в город Кайраккум почти в самом начале его строительства. Ровесница Великого Октября, Анастасия Ивановна Петрова, родилась в Куйбышевской области, в далеком селе Семеновка-Ехремовка. 27 декабря 2013 года ей исполнилось 96 лет. Трехлетним ребенком ее привез в Среднюю Азию отец. С тех пор Анастасия Ивановна живет и здравствует на таджикской земле. Много специальностей освоила эта удивительная женщина с веселыми, жизнерадостными глазами и гостеприимным характером. Совсем юной девчонкой трудилась на шелковом кобинате города Ленинабада в мотальном цеху, затем была переведена в бухгалтерию счетоводом. Постепенно набирала опыт, осваивалась. В годы войны шелковый комбинат был приравнен к военным объектам. -Помните первые годы войны? -Все помню. Было очень тяжело всему народу Советского Союза. Но мы выжили. Старались оказывать помощь фронту своим добросовестным трудом, старанием.

Êîíêóðñ â ìåäêîëëåäæå В медицинском колледже состоялся конкурс "А ну-ка девушки", в котором будущие медицинские сестры показали свое умение и мастерство не только будущей профессии, но и в ведении домашнего хозяйства. В конкурсе было представлено несколько номинаций, таких, как сервировка стола, выход в национальной одежде, приготовление обеда, вышивка, шитье. Студентки колледжа показали все свое умение и мастерство, еще раз доказав, что умеют не только отлично учиться, но и быть хорошими хозяйками.

Ïîäàðîê ãîðîæàíàì Здесь родилась ее дочь Эмма Ивановна, отдавшая около сорока лет воспитанию и обучению подрастающего поколения в общеобразовательной школе № 1 города Кайраккума. -В годы известных событий в Таджикистане большая часть русскоязычного населения покинуло страну. Не было ли у вас желания уехать на Родину, в места, где вы родились? -Я сроднилась с таджикским народом, считаю своей родиной Таджикистан. Да и дочь моя очень любит эту страну, наш город Кайраккум. "Таджикистан, - как сказал наш уважаемый президент Эмомали Рахмон - родина для всех, кто проживает на его территории". Мы - таджикистанцы. Здесь наша земля. На пенсию Анастасия Ивановна вышла, долгие годы проработав в "Союзпечати" города Кайраккума. За доблестный труд в военное время была удостоена великой награды - медали, имеет огромное количество почетных грамот и благодарностей. В канун Дня матери поздравляем этих двух прекрасных женщин, матерей, с праздником. Счастья и здоровья вам Анастасия Ивановна и Эмма Ивановна.

Ë.Íåãìàòçàäå

О каждой женщине нашей прекрасной таджикской земли можно рассказать много хорошего. Женщины труженицы, женщины матери, женщины, отдающие все силы на процветание своего родного края. Я хочу рассказать о женщине, отдавшей свои силы и знания на воспитание подрастающего поколения земли Чойрух-дайрона. Не одно поколение замечательных людей выпустила средняя школа поселка благодаря усилиям, старательности, труду этой женщины, женщины - учителя.

Æåíøèíà-ó÷èòåëü-ïàòðèîò Уроженка Алтайского Края, Лидия Яковлевна Кулагина, приехала с родителями в наш поселок, кода ей было всего два годика и было это в 1953 году. Много воды утекло с тех пор, как выпускница ЛГПИ имени СМ.Кирова получила специальность преподавателя русского языка и литературы, и переступила порог средней школы джамоата Чойрух. Человек высокой нравственности, чистой открытой души и большого сердца, только так можно сказать об этой женщине с большой буквы. В тяжелые для страны время она не покинула поселок, в котором жила и трудилась, оставалась на своем посту. Долгие годы Лидия Яковлевна проработала заведующей детским садиком поселка, одновременно ведя уроки русского языка и литературы в школе. Затем трудилась на должности директора школы, завучем по воспитательной работе. В советское время возила группу ребят на экскурсии по городам России. Являлась наставником молодых специалистов учителей. Многому научила она нас, преподавателей, являясь положительным примером для подражания. Честна и требовательна к изучению своего предмета, она открыла для детей мир русской классики и поэзии. Благодаря Лидии Яковлевне многие учащиеся школы принимают активное участие в различных литературных конкурсах и олимпиадах. "Относись к человеку так, как ты хочешь, чтобы он относился к тебе" - это главный девиз Лидии Яковлевны. Ученики нашей школы относятся с глубоким уважением и почитанием к своему любимому преподавателю, именно

Íîâîñòè Êàéðàêêóìà

благодаря Лидии Яковлевне, многие поколения жителей поселка, окончившие нашу школу, в совершенстве знают русский язык, что весьма актуально в наше время, когда большая часть работоспособного населения мигрировала в Россию, где русский язык для них является связующим звеном. В канун празднования Дня матери в Таджикистане, педагогический коллектив общеобразовательной школы № 2 джамоата Чойрух от всей души поздравляет Лидию Яковлевну, отличную маму, с праздником! О женщина, ты слабая и сильная, и в слабости своей сильна как никогда, порою от тоски покрыта инеем, порою расцветаешь как весна. Когда не ладится в семье, седеешь на глазах, когда детей твоих постигнет неудача, Улыбка горько тает на твоих губах, и каменеешь ты без слез, от плача. В мечтах своих, несбыточных порой, остаться хочешь молодой, всегда красивой. С работы возвращаясь вечером домой, мечтаешь, чтоб встречал тебя любимый. Чтоб внуки все твои здоровыми росли, родные дети никогда не стали в тягость, В судьбе твоей обмана чтобы не было и лжи, и не коснулась пустотой души усталость. О женщина, на плечи хрупкие твои, взвалили груз всего земного шара, Но гордо можешь крест ты свой нести, зовешься сильной ты и слабою недаром!

Çóëüôèÿ Äæàëèåâà, ïîñåëîê ×îðóêäàððîí

В последние годы в городе Кайраккуме активно ведется строительство как объектов социального назначения, так жилых домов и супермаркетов со стороны частных предпринимателей. В канун Дня матери в центре города открылся новый торговый центр "Сарват" для удобства жителей, в котором огромное количество, как продовольственных товаров, так и товаров первой необходимости. Магазин, расположился на первом этаже пятиэтажного здания, построенного предпринимателем Бахтиером Муминовым. Самым первым покупателям со стороны работников торгового центра были выданы небольшие подарки. На остальных этажах разместились уютные квартиры, оснащенные сантехникой, соответствующие современным мировым стандартам.

Ïîçäðàâëåíèå Всех женщин нашего прекрасного города Кайраккума и джамоатов, матерей, сестер, жен, дочерей, поздравляю с наступающим Днем Матери. Пусть в этот теплый весенний день каждая из вас улыбнется ясному солнцу, вспомнит, что природа одарила ее нежностью и очарованием. Великое предназначение женщины на планете быть любимой и любить! Всем вам больших успехов, здоровья, процветания и исполнения всех ваших мечтаний! Наталья Нуралиевна Мирзорахимова, председатель домового комитета района «Дустии Халкхо»

Âåëèêèé ïðàçäíèê íàøèõ ìàòåðåé Как будут поздравлять мужчины своих матерей, жен, сестер, дочерей в городе Кайраккуме? Из опрошенных девять из десяти признались, что обязательно будут праздновать женский день, и дарить подарки своим близким. Причем огра ничатся цветам и только двое из десяти, трое добавят ценные подарки типа золотого украшения, модной одежды. Остальные подарят предметы домашнего обихода ( пылесос, стиральную машину, утюг). Что ж дорогие мужчины, и на этом спасибо.

Ñîáêîð "Ñîõèëà"

Âû èùåòå ðàáîòó? Она у нас есть. ООО «Таджикско-китайская горнопромышленная компания» приглашает на вакантные должности следующие специальности. Необходимые соотрудники КолОплата Место работы Профессии во на руки Электрик 5 1200 Сварщик 10 40 с/д Водитель грузовых Рудник 20 40 с/д машин самосвал (подземный) Горнорабочий 20 1200 с. Машинист ПДМ 5 52 с/д (подземный) Оператор 3 1000 мельницы ГорноОператор обогатительная 2 1000 известкователя фабрика Разнорабочий в 15 900 цеху Ежедневно на питание выделяется по 5 сомони. Каждый год идет прибавка к пособию по 20 сомони. Обращаться по адресу: город Худжанд, улица Сырдарьинская, дом 3 «А» или джамоат Зарнисор, улица Сомониён 22. Тел.: (92) 809-75-02

ÓÒÅÐß Утерянный аттестат об окончании средней школы №9 города Кайраккума за №079702 выданный на имя Мамаджановой Ёдгорхон Кобиловны в 1987 году, считать недействительным.

Ïàíäμîè μà¸òèè íè¸ãîí

ÔÀÐÌÓÄÀÀÍÄ: ²ÀÌÑÎßÐÎ ÁÀ ²ÀÌÑÎß ×À²ÎÐÄÀ² ²À£ ÀÑÒ: 1. Чун ќарз хоњад, онро бидињї. 2. Агар туро ба хонаи худ бихонад, ба мењмонї биравї. 3. Ба њар коре аз ту ёрї хоњад, ёрї дињї. 4. Агар шодї ва тањният расад, ўро тањният гўї. 5. Агар бимирад, ба дафни ў машѓул шавї. 6. Албатта, ба љанозааш њозир шавї. 7. Агар ѓоиб бошад, посбони хонаи вай шавї. 8. Аз вай ба ту ранље расад, на хусумат, балки тарањњум кунї. 9. Ба зану духтарони ў бо чашми шањват нанигарї. 10. Ба ў њаргиз хиёнат накунї. 11. Забон аз ѓайбати вай нигоњ дорї. 12. Изо надињї ўро бо деги худ ва насибае фиристї.

13. Агар меваљот бихарї, ўро њадя бифиристї. 14. Баланд накунї иморати худро ва иљозат бипурсї. - Аз љониби њамсоя дарича ё рахна намонед. - Бо амалњои хеш њамсояро ноором насозед. - Мољарои ањли байти њамсояро гўш накунед. - Љониби њавлии њамсоя њељ чиз напартоед. - Ба њамсояатон касе зарар расониданї шавад, то тавонед имдод расонед. - Ба њар маросими худ аввал њамсояатонро даъват намоед. - Сирри њамсояро фош насозед. - Гар надорї ту хос њамсоя. Ба иморат талаф макун моя. Аз «Риёз-ул-носињин»


C O   

4

6 марти соли 2014

Òàðîâèøè õîìà

 AH...

Ãóëòàðîíàμî

Ту зеби љумла мањфилњої, эй зан, Дар олам аз њама болої, эй зан. Љањон бе ту басо сард асту торик, Чароѓи равшани дилњої, эй зан. Њаёти мард бо ту зеб дорад, Ту зебову љањонорої, эй зан. Зи ту мањбубтар касро надидам, Њабибу њамдами барної, эй зан.

£.Øàðèôçîäà

o eo aμop Ѓам махўр, эй ѓамгусорам, боз меояд бањор, Бигзарад сармои дай, шаббодањои теѓдор. Боз Наврўзи Аљам мењмон ба мулки мо шавад, Бо гулу гулѓунчањои тозаи миннатгузор. Ашки шодї боз резад абри найсон бар замин, З-оби рањмат мешавад сарсабзу обод ин диёр. Њар сањар боди сабо боз оварад бар кўи мо, Накњати насрин, суман, райњону њулбў сабзазор. Табъи моро шод гардонад навои булбулон, Боз гардад роњати љон сояи барги чанор. Боз мегарадад муяссар мањфили ёрон ба мо, Дар бари Куњи сафед андар канори чашмасор. Ѓамгусорам, бо дили пур бар ту мегўяд Њабиб, Сабр бинмо, ѓам махўр, албатта меояд бањор.

Àñàäóëëîμè ¥àáèá

Эй бањори зебо! Аз теппањои машриќ ба дидори мо биё! Бигзор бодњои сарзамини мо бар љомаи атрогини ту бўса зананд ва њар субњу шом нафаси њаётбахши ту бар мо бивазад. Бигзор марвориде чанд бо дасти ту дар замини мо, ки аз ишќи ту мемиранд, афтонда шаванд. *********** Бо сарангуштони зебои худ сарзамини моро бо гавњар биёрой. Бўсањои пурмењри хешро бар синаи он нисор кун. Тољи заррини худро низ бар сари ў гузор, зеро дерест, ки вай гесўвони хешро дар интизори тољи тиллои ту ороста аст. *********** Дар ин рўзњое, ки бањор ба сарзамини аљдодии мо ќадам ранља намуда, табиат аз накњати он зебову муаттар ва ќалбњои мо аз насими мушкбўйи гулу сабза лабрези шодиву фарањ мегардад, мо иди модарон, хоњарон ва бонувони муњтарамро љашн мегирем.

Ìàâ¿èãóëè Ðóñòàì¿îí

Ñà é ³à ë è è äð î ê

×ÀÉÍÂÎÐÄÈ «8 ÌÀÐÒ» 1.Љинс. 2. Номи зан. Њофизи Халќии Тољикистон. 3. Љињози занона. 4.Номи њофизаи шодравон, ки соли 1992 дар озмуни сурудњои эстрадї дар Алмаато ѓолиб баромадааст. 5. Гул. 6. Номи актриса, яке аз иљрокунандагони наќшњо аз собиќ намоиши телевизионии «Усмахон ва Сурмахон». 7. Романи Л. Толстой. 8. Ноњия. 9. Маъракаи хонадоршавї. 10. Элементи кимиёвї. 11. Асбоби мусиќї. 12. Њаммаънои калимаи «фикр». 13. Суруди модарон. 14. Моеи хушбўй. 15. Намуди санъат. 16. Орзуи неки модарон. 17. Водии зарнисор. 18. Мутахассиси соњаи наќќошї. 19. Номи адибаи тољик. 20. Нашриёт. 21. Фасл. 22. Асбоби мусиќї. 23. Асари Саъдии Шерозї. 24. Гўшаи адабї дар собиќ маљаллаи «Машъал». 25. Парранда. 26. Ранг. 27. Њаммаънои калимаи «машѓулият». 28. Ќањрамони достони М.Турсунзода «Њасани аробакаш». 29. Номи шоираи тољик. 30. Антоними калимаи «ќиммат». 31. Истилоњи адабї. 32. Растании хушбўй. 33. Иди миллии тољик. 34. Номи занона, ки дар ќиссањо бо Тоњир вомехўрад. 35. Номи лочини тољик. 36. Гул. 37. Пешоянд. 38. Номи шоираи асри X. 39. Ячейкаи љамъиятї. 40. Мева. 41. Чемпионкаи љањон аз Тољикистон. 42. Маводи ширинї. 43. Жанри хурди адабї. 44. Њаммаънои калимаи «бузург». 45. Синоними калимаи «ишќ». 46. Маъдани ќимматбањо. 47. Яке аз ќањрамонњои повести С.Айнї «Одина». 48. Зеби тўй. 49. Элементи кимиёвї. 50. Матои занона. 51. Маљаллаи бонувон. 52. Таъм. 53. Яке аз занњои Муњаммад пайѓомбар. 54. Њаммаънои калимаи «мењрубон».

Дар рафтор бо њамсари худ чунон амал кунед, ки њељ касро бењтар аз шумо хайрхоњу дўсти худ надонад. Алї домоди Муњаммад Отифа ва муњаббати зан он ќадар зиёд аст, ки мард ќудрати дарки онро надорад. Дидро Зан парвонаи лутфу мењрубонист, ки дар кўдакї дар симои модар, дар љавонї дар симои њамсар ва дар пирї дар симои духтар падид омада, шабу рўз нигоњбони њаёт ва зиндагисози мо мебошад. Август Кант Òàμèÿè Àäèáàè Øàâêàò

Àðçè ñèïîñ

Ðàμìàò, μàìñîÿãîí!

Аз носозии таљњизоти барќї рўзи 10 феврали соли љорї дар манзили зистамон сўхтор сар зад. Мо ањли оила дар кор будем. Њамсояњо аз њодиса воќиф гардида, зуд пайи хомўшкунї мешаванд. Ба воситаи нашрияи дўстдоштаам «Соњил» мехоњам арзи сипос ва миннатдории самимии хешро ба њамсояњоям Шералї Облоёров, Тўхтаљон Орипова ва дигарон расонам. Њамсояњои ѓамхору мењрубон њамеша саломат бубошед.

Áè¸åä, ìåõàíäåì Ìîäàðàìðî ìåîðàì Шавњар: - Ман ба дараљае маош мегирам, ки ду нафар ту барин занро таъмин карда метавонам! Зан: - Бисёр хуб! Пас ман рафта, модарамро меорам.

Õóðñàíäº Шавњар: - Љонакам, як соат пеш модарат аз дањлез афтид! Зан: - Чаро дар ин бора акнун гап мезанї? Шавњар: - Чунки аз хурсандї як соати расо гап зада натавонистам!

Êàéôèÿòàìðî íàïàððîí Ду ошиќ дар лаби бањр истодаанд. Шамол мўи духтарро шона дорад. Духтар ба писар нигоњ карда мегўяд: - Мо њамеша њамроњ мемонем, дуруст? Љавон љавоб медињад: - Кайфиятамро напаррон, илтимос!

Ãèðäîâàðàíäà: Ãóë¿àμîí Òóðñóíçîäà

Ýúòèáîð íàäîðàä Шањодатномаи гумшудаи №А092530, ки онро соли 2000-ум МТМУ-и №7, шањраки Адрасмон ба Нуриддинов Бањоралї додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшу даи №А 4512422, ки онро 8 октябри соли 2007 ШКД шањри Ќайроќќум ба Холиќбердиев Нозирљон Тоњирљонович додааст, эътибор надорад.

ÑÀÐÌÓ¥ÀÐÐÈÐ Ðóñòàì¿îí Îäèçîäà

Ìà³îìîòè è¿ðîèÿè μîêèìèÿòè äàâëàòèè øàμðè £àéðî³³óì

£ÀÇÎÂÀÒÈ ÌÀÐÄÎÍÈ ÁÓÇÓÐà ÄÀÐ ÑÈÒÎÈØÈ ÇÀÍ

Ìóμàááàòõîí Ñîëè¿îíçîäà, ñîêèíè ê´÷àè Èñòè³ëîë, õîíàè 22, μ.51

Ìóðàòòèá: Õóðøåäàè Âàëèçîä

(Бо забони тоxикb ва русb) МУАССИСИ {АФТАНОМА:

Ìåðîñè íè¸ãîí

Øóêóôàè çàâ³

Нишонии идора: 735750, ша[ри Rайроrrум, кeчаи Истиrлол 61 «а». Телефон: 2-42-34, (92)806-26-06 E-mail: Sohil_tj@mail.ru

¥àéàòè ý¿îäº:

Ðà³àìè ³àéä 21-Ð-6

Љовиди Аштї,

{афтанома [ар рeзи чоршанбе нашр мегардад. {афтанома ба тарзи офсет дар КВД Исте[солии матбаа[ои вилояти Суuд чоп шудааст.

Лутфия Неъматзода, Хуршедаи Вализод, Ѓозибеки Яњёзод, Рањима Ѓаниева.

Масъулини нашр: Xовиди Аштb, Гулxа[он Турсу нзода Тар[с озии компютерb: М.М у[амм адxо нов Cупориш № 278 Теъдод 1000 нусха

06-03-2014  

Ҳафтаномаи "Соҳил"

Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you