Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

1

№15 (9337),

10 апрели соли 2014

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ПАЁМ - 2014

Паёми имсолаи Президент ба парлумон 23 апрел ироа мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар Паёми имсолаашро ба парлумон 23 апрел ироа мекунад. Дар робита Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳафтуми якҷояи ҳар ду палатаи парлумонро даъват кард.

ФАРҲАНГ

Ҷашнвораи IV байналмилалии «Чодари хаёл» 15-22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе IV-умин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар он театрҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Испания ва Федератсияи Русия ширкат мекунанд.

ТАСМИМ

Зоиронро 130 нафар роҳбаладӣ мекунанд

ТОҶИКИСТОН ватани ҷавонон аст

САҲИФАИ 5

Фурӯдгоҳи Душанбе соҳиби амбулифт шуд Бо мақсади осон намудани мушкили мусофирони имконияташон маҳдуд Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе лифти амбулаторӣ (амбулифт) харид. Он мошини таҷҳизонидашудаи махсус буда, барои мусофирони маъюб ва бемороне, ки ҳаракат карда наметавонанд, инчунин мусофирони имконияташон маҳдудро барои ба дохили ҳавопаймо интиқол додан пешбинӣ шудааст.

ҶАШН

Ҳафтаи сипаришуда бо дастгирии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ба муносибати 84-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 25 нафар корманд ва собиқадори нашрия қадрдонӣ гардиданд. Маликшо Маҳмадшоевич ба аҳли эҷоди рӯзнома ва собиқадорони соҳа “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда, иброз намуд, ки хабарнигорони имрӯзи нашрия низ чун собиқадорони он баҳри инъикоси ҳаёти ҷавонони мамлакат, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, ҷалби аҳли ҷомеа ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳиссаи босазо мегузоранд.

ХИЗМАТРАСОНӢ

Собиқадори нашрия Гулчеҳра Фозилова, ки беш аз 40 соли умрашро дар ин даргоҳ сипарӣ кардааст, аз номи собиқадорон ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳӯрӣ Маликшо Неъматов изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кард.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

e-mail: javonontj@mail.ru

Қадрдонии «Ҷавонони Тоҷикистон»

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ2014”-ро натиҷагирӣ кард. Мувофиқи он имсол 130 нафар роҳбалад дар мавсими ҳаҷ ба зоирони тоҷик хизмат мерасонанд. Имсол аз кишвар ҳудуди 6 300 нафар ба зиёрати Каъба хоҳанд рафт.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

2

МУЛОҚОТ

Ҳидояти сарбозон баҳри ҳифзи марзу бум Аз 25 март то 5 апрели соли равон Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иброҳим Мирзоев, масъули бахши ватанпарастии ҷавонон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Хуҷанд, Чкалов, Мастчоҳ, Ашт ва Исфараи вилояти Суғд вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз бахши иттилоот ва таҳлили Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки кумита бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Иттифоқи мустақили собиқадорон ва нафақахӯрони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадор баҳри баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон доир гардид. Масъулини кумита ва дигар ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон, хусусан, самти

ватандӯстӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳадаф аз бар-

гузории чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ,

ифтихори миллии насли ҷавон аст. Зеро рушди иқтисодию

иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо аз ҷавонони бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст вобастагӣ дорад. Иштирокдорон афсарону сарбозонро баҳри густариши ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибистиқлоламон ҳидоят намуда, дар роҳи адои хизмати пуршарафу басо масъулиятнок, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ақсои ҷаҳон ва тарбияи насли ояндасози шарафманду ватандӯст ба онҳо муваффақияту комёбиҳо таманно намуданд. Зимни мулоқот ба сарбозони фаъол барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

ФАРҲАНГ

ОЛИМПИАДА

Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Омаҳа 24 марти соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи Небраскаи шаҳри Омаҳаи ИМА таҳсил мекунанд, бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд.

ЛИМТТ Мавлоно – ғолиби «ТАСПО»

e-mail: javonontj@mail.ru

5 марти соли равон дар Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе Олимпиадаи лоиҳавии ҷумҳуриявии «ТАСПО» байни хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои манотиқи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Сабоҳиддин Гунай, мудири кулли литсейинтернатҳои тоҷикӣ-туркӣ мақсади гузаронидани озмунҳои илмию лоиҳавиро кашфу дарёфти хонандагони дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда, донандаи техникаву технологияи ҳозиразамон, ихтироъкору навовар ва миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар худ нерӯи созандагию бунёдкориро таҷассум менамоянд, арзёбӣ намуд. - Дар замони муосир масъалаи татбиқи дастовардҳои илмиву техникӣ ва технологияи муосир ба яке аз омилҳои муҳими тавсеаи рақобатпазирӣ дар арсаи ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, соли панҷум аст, ки мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ бо мақсади такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо дар навиштани рефератҳои илмӣ, гузарондани тадқиқоти илмӣ, зинаҳои аввали ихтироъкорӣ (татбиқи донишҳои назариявӣ), ёфтани роҳи ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ, татбиқи

комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илм дар пешбурди тараққиёти хоҷагии халқ - саноат, энергетика, кишоварзӣ, экология ва ғайра, озмуни илмӣ ва ихтироъкории «ТАСПО»-ро ташкил намудааст, иброз дошт С. Гунай. Дар олимпиадаи мазкур 126 хонанда, 53 муаллим бо 63 лоиҳа, ки аз чор бахш - илмӣ 16 лоиҳа, иҷтимоӣ - 4, технологияи информатсионӣ - 16 ва ихтироотӣ 27 лоиҳа иборат буд, ширкат доштанд. Дар натиҷа, бо гифтани 22 медал Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии «Мавлоно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сазовори ҷойи аввал гардид. Бо 16 медал ЛМТТ иқтисодии пойтахт ҷойи дуюм ва бо 14 медал ЛМТТ-и «Ҳоҷӣ Камол»-и шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Бояд қайд кард, ки ғолибони Олимпиадаи «ТАСПО»-2013 дар олимпиадаҳои гуногуни лоиҳавии байналмлалӣ иштирок намуда, 12 медали тилло, 20 нуқра ва 32 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

Дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯ аз мамлакатҳои гуногуни дунё, устодон ва деканҳои факултаҳои мухталифи донишгоҳ иштирок карданд. Меҳмонон гирди хони наврӯзӣ бо фарҳангу анъанаҳои тоҷикон ошно шуданд. Дастурхони ҳафтсину ҳафтшин, оши палаву нон, суруду рақси тоҷикӣ меҳмононро хуш омад. Ба гуфтаи профессори философияи донишгоҳ Рори Конзэс муҳим аст, ки ҳар як фард аз фарҳанги бойи мамлакатҳои дигар бохабар бошад, чун ин як воситаест барои якдигарфаҳмӣ ва тифоқии мардуми ҷаҳон. Илова бар ин, муҳим аст, ки худи тоҷикон ин фарҳанги ҳазорсолаашонро гум накарда, ба дигарон нишон медиҳанд. Чанде қабл аз ҷашн донишҷӯи курси чоруми донишгоҳ Фотима Ализода ба хотири муттаҳидӣ Созмони донишҷӯёни тоҷикро таъсис дод. - Чорабинии нахустини мо аз ошноии донишҷӯён ва устодони донишгоҳ бо ҷумҳурии азизу офтобиамон буд, - мегӯяд сарвари созмон Фотима Ализода. - Мо маърӯза тайёр карда, акс ва намунаҳои ҳунарҳои дастии халқамонро ба намоиш гузоштем. Ҳамчунин, як филмеро дар бораи табиату мардуми зебои Тоҷикистон нишон додем.


Қиёмиддин Миралиев, раиси ассотсиатсия роҷеъ ба паҳлуҳои гуногун ва муҳими он маълумот дода, вобаста ба барнома ва дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон маърӯза кард. Изҳор шуд, ки ҳаракати волонётрӣ падидаи нав набуда, он солҳо боз дар кишварҳои гуногуни олам роиҷ аст. Ин падидаи хайрхоҳона бо мурури замон дар Тоҷикистон низ шакл гирифта, дар ҳоли рушд ва ташаккул қарор дорад. - Дар Тоҷикистон ҳаракати ихтиёриён миёни ҷавонон аввалин маротиба соли 2000 ба фаъолият шурӯъ намуда, нахустин ташаббуси аввали онҳо ба самти тарзи ҳаёти солими ҷавонон равона шудааст. Дар ҳоли ҳозир волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила, экология, муҳити зист ва ғайра равона месозанд, - гуфт ӯ. Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” таъсиси Ассотсиатсияи милии волонтёрони Тоҷикистонро муҳим ва зарурӣ хонда, таъкид дошт, ки он метавонад дар оянда низ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур мусоидат намояд. Абдураҳмон Хонов, ҳамчунин, вобаста ба зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” маърӯза намуда, гуфт: “Қонун «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», ки бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равона намудани ташаббусҳои шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеа қабул гардидааст, итминон дорам, дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад кард”. Фаъолияти волонтёрӣ (ихтиёрӣ) яке аз фаъолиятҳои бемузди маъмулие мебошад, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам дар бахшҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Ба фаъолияти волонтёрӣ, асосан, ҷавонон машғул гардида, ҳангоми ҳаводиси гуногун ба таври ройгон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Ассотсиатсияи милии волонтёрони Тоҷикистон, ки ҳамакнун таъсис ёфт, дар худ ташкилотҳои ҷамъиятиро фаро мегирад, ки дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ фаъолият доранд.

Таъсиси Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон Директори ташкилоти ҷамъиятии “Имрон” М. Шарифов, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мебарад, аз таъсиси ассотсиатсия истиқбол намуд. Ӯ вобаста ба бурду бохт ва корҳои анҷомдодаи ташкилоти ҷамъиятии “Имрон” дар шаҳри Кӯлоб ҳисобот дода, изҳор дошт, ки бо таъсис ёфтани ассотсиатсия доираи фаъолияти онҳо низ васеъ мегардад. Дар ҷумҳурӣ то имрӯз даҳҳо ташкилоти ҷамъиятӣ дар алоҳидагӣ фаъолияти худро дар бахши волонтёрӣ пеш мебурданд. Ягон ташкилот ва ё ассотсиатсияе мавҷуд набуд, ки ҳамаи онҳоро ба ҳам муттаҳид намояд. Пас аз таъсис ёфтани Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳам омада, фаъолияти волонтёриро якҷо ба роҳ монанд. 20 феврали соли 2014 бо ташаббу-

си Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ба он 117 ташкилот аъзо мебошанд) ва шаш ташкилоти ҷамъиятӣ бо мақсади рушду такомули фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани ша-

роит барои дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин дар дар таърихи Тоҷикистон бори аввал аст. То имрӯз ассотсиатсия бархе аз тадбирҳои меъёрию ҳуқуқиро амалӣ сохтааст. Аз ҷумла, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда, барномаи фаъолият ва нақшаи стратегии ассотсиатсия барои солҳои 2014-2015-ро қабул намуданд. Ҳадафи таъсиси Ассотсиатсия беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсилот, саломатӣ, таъминоти иттилоотию ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шахрвандӣ дар демократи-

кунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар нигаронида шудааст. Дар муаррифии ассотсиатсия раиси он Қиёмиддин Миралиев ба суолҳои

рӯзноманигорон посух дода, нақшаву барнома ва паҳлӯҳои мусбати онро шарҳ дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Имрӯз фаъолияти ихтиёрӣ тамоман як шакли дигар дошта, аз рӯи намуди ёрӣ дастрас ва васеъ мебошад. Он бештар ба бартараф кардани мушкилоти одамон, расонидани кӯмаки хайрхоҳона ба наздикон ва ё тамоман одамони ба ӯ бегона ва мусоидат ва дастгирии одамон дар бартарафсозии мушкилоти ҳаётӣ равона гардидааст. Яъне, агар солҳои пеш фаъолияти ихтиёрӣ фақат барои ҳалли мусбати ниёзи одамон равона мешуд, пас, имрӯз дар замони мутобиқшавӣ ба ҳаёти муосир ин намуди хизматрасонӣ бештар барои бартараф сохтани мушкилоти хусусияти манфидошта равона гардидааст. Аз ҷумла, мушкилот ва омилҳое, ки ҳар рӯз бар зидашон мубориза мебаранд, боиси фалокати одамон мегар-

дад, давлатро коста мегардонад ва ба бетартибии ҷамъиятӣ оварда мерасонад, субъекти ин фаъолият мебошад. Мисолҳои мантиқии ин ниёзҳо, мушкилоти ҷаҳонӣ – болоравии сатҳи бемории ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризм, экстремизм, фалокати экологӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра шуда метавонад.” Қиёмиддин Миралиев вобаста ба шарту талабот ва синну соли волонтёрон ҷиҳати фаъолияти волонтёрӣ гуфт, ки ба он, асосан, ҷавонон ҷалб мегарданд, аммо муддати фаъолияти онҳо бемаҳдуд аст. Раиси Ассотсиатсияи милли волонтёрони Тоҷикистон фаъолияти волонтёриро барои манофеи ҷомеаи тоҷик муҳим медонад. Ба андешаи ӯ, дар Тоҷикистон, ки 70% аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, татбиқи ин механизм тадбири саривақтист. Дар замони ҷомеаи муосир муносибат ва рафтори мо нисбат ба насли ҷавон бояд махсус бошад. Чӣ хеле ки маълум аст, имрӯз яке аз чунин муносибатҳо, ки рушди ҳаматарафаи ҷавонон ва истифодаи иқтидори онҳоро таъмин менамояд, ҳаракати ихтиёрӣ мебошад, ки чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ барои ҷамъият манфиатнок ва дастрас мебошад.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

3 апрели соли равон дар толори Маркази ҷумҳуриявии “Иттилоот ва муошират” бо иштироки васеи рӯзноманигорон, намояндагони институтҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифии Ассосиатсияи милии волонтёрони Тоҷикистон доир гардид.

3

e-mail: javonontj@mail.ru

ТАСМИМ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

4

НАМОИШГОҲ

Ба соҳибкорон сабукӣ бояд дод 3-5 апрели соли равон дар МД «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷ ЭКСПО. Баҳор-2014» баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ соҳибкорону саноатчиён аз 10 кишвар, аз ҷумла, Туркия, Фаронса, Италия, Афғонистон, Чин, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд. Мо бо чанде аз онҳо вохӯрда, хотироташонро дар бораи намоишгоҳ пурсидем.

Воҳид Аҳмад, заргар: – Ман аз шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба намоишгоҳ омадам. Касби асосиам заргарист, ки онро назди устодон омӯхтаам, қариб 25 сол аст, ки ба ин касб машғулам. Маҳсулоти аввалияи маснуоти заргарӣ, аз қабили марворид, фирӯза ва нигину муҳраҳо моли Афғонистонанд. Ҳар кадоми онҳо дорои хосияти муайян мебошанд. Заргарону ҳунармандони зиёди Афғонистон хоҳони ширкат

дар ин намоишгоҳ буданд, вале мушкили гирифтани раводид садди роҳи омадани онҳо шуд. Мо чанд нафар раводиди гурӯҳӣ гирифтем, ҳамчунин, иддае аз тоҷирон қимат будани арзиши иҷораи намоишгоҳро фаҳмида, аз омадан худдорӣ намуданд. Масалан, барои дӯкончаи иборат аз 4 метри мураббаъ 800 доллар додан лозим меояд, ки хеле гарон аст. Агар ин гуна мушкилот рафъ шаванд, ҳамкориҳо миёни тоҷирони Афғонистону Тоҷикистон боз ҳам қавитар хоҳад гашт.

Фаҳима Баротӣ, узви Федератсияи занони тиҷоратпешаи Афғонистон: - Дар намоишгоҳ, ки ба хотири ривоҷу равнақ ёфтани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид, аз ширкатҳои гуногуни Афғонистон дар бахши саноати дастӣ, заъфарон ва хушкмева 21 нафар иштирок намудем. Ман бори панҷум аст, ки дар чунин намоишгоҳҳо иштирок мекунам. Ширкате ки ман сарвариашро ба зимма дорам, «Раҳёб» ном дорад. Мо дар шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф ва Форёб дӯконҳои фурӯши маснуоти дастӣ дорем, ки бештар маҳсули дастони занони ҳунармандро ба фурӯш мегузорем. Ҳунарҳоро тавассути устодони варзида ба ҷавонон

ёд медиҳем. Маҳсулоти ширкати «Роҳёб» ба Калифорния (ИМА), Ҷопон ва ғайра содир мешавад. Аз масъулони чунин чорабиниҳо хоҳони онем, ки барои дар сатҳи баландтар доир гардидани намоишгоҳҳо барои иштироки бештари соҳибкорони Афғонистон шароит фароҳам оранд. То ки як бахши иртиботии қавӣ миёни тоҷирони ду кишвари ҳамзабон таъсис ёбад. Зеро имрӯз барои тоҷирони Афғонистон гирифтани раводиди Тоҷикистон хеле мушкил аст. Агар рафтуомад набошад, чӣ гуна робитаҳои иқтисодӣ рушд меёбанд? Аз ин рӯ, мо хоҳиш доштем, ки дар бахши гирифтани раводид барои соҳибкорони афғон, ки дар бахши иқтисодӣ сармоягузорӣ мекунанд сабукӣ дода шавад.

Нисор Аҳмад, раиси ширкати «Пайғом»-и Афғонистон: - Ширкати мо дар шаҳри Кобул воқеъ буда, ҳунармандони саноати дастиро муттаҳид кардааст. Бори дуюм дар намоишгоҳи Тоҷикистон иштирок мекунам. Ба намоишгоҳ либосҳои занонаву мардона, зару зевар, армуғон ва заъфарон овардем. Мо аз меҳмоннавозии ҷониби Тоҷикистон хеле хуш шудем. Як хоҳиши моро тавас-

сути рӯзнома ба масъулон расонед. Хуб мешуд, ки нархи кирояро каме арзон кунанд. Мо аз фурӯши маҳсулоти овардаамон чандон фоида намебинем, зеро иҷорапулӣ хеле гарон аст.

Илҳом Худойбердиев, менеҷери ширкати «Эко Технолоҷӣ»: Ширкати муштараки Тоҷикистону Лаҳситон «Эко Технолоҷӣ» ба лоиҳакашию насбкунии системаҳои гармидиҳӣ, обгармкунӣ ва хунуккунӣ махсус гардонида шудааст. Мо, инчунин, дар самти филтркунонӣ ва тозакунии ҳавзҳо низ фаъолият мекунем. То ин дам дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дар як қатор муассисаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон таҷҳизоти обгармкунию гармидиҳӣ ва шамолдиҳӣ насб намудаем. Дар як вақт гармкунии деворҳо, насби дару тирезаҳои гармнигоҳдорандаро низ ба роҳ мемонем. Ҳарчанд ин таҷҳизот дар назари аввал қимат намояд ҳам, вале он ба зудӣ хароҷоти худро бароварда, ба муҳит низ зарар намерасонад. Таҷҳизоти обгармкунии офтобӣ, ки дар меҳмонхонаҳо насб кардем, хеле каммасраф мебошад. Истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифлосшавии муҳитро

пешгирӣ карда, оянда аз ин ҳам бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт. Тоҳирҷон Тағоев, директори генералии ширкати «Тоҷикклимат»: - Ширкати мо соли 2010 таъсис ёфта, бо ширкатҳои маъруфи «Митсубиши», «ВТС» (Лаҳистон), «Розенберг» (Олмон) ва Италия ҳамкорӣ дорад. Мо дар самти насби таҷҳизоти гармидиҳию салқинкунӣ фаъолият мебарем. Кормандони мо кӯшиш мекунанд, ки таҷҳизоти заруриро бо сифати баланд насб карда, ба боварии мизоҷон сазовор шаванд. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ таҷҳизоти офтобӣ низ насб мекунем. Солҳои охир бисёриҳо бартарии манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дарк менамоянд. Таҷҳизоте, ки мо ворид мена-

моем, класси “А” буда, ҳам барои тавлиди барқ ва ҳам барои обгармкунӣ пешбинӣ шудаанд. Ин таҷҳизот каммасраф буда, хароҷоти барқ дар онҳо 5 маротиба камтар аст. Таҷҳизоти мазкур дар 2-3 сол хароҷоти худро бароварда, минбаъд ба манфиати соҳибмулк хизмат мерасонанд.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

ОБОДОНӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

Боғи нав ва корхонаи коргарди мева дар Мискинобод Бо дастгирии раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз дар майдони 24 гектари деҳаи Кабкрез ва дар майдони як гектари Чилчашма боғи нав бунёд гардид. Дар бунёди боғи нав кормандони мақомоти мини хоҷагии деҳқонии Дашти Мирзо боғи нав иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, имомха- бунёд гардад. Ҳоло сокинони хоҷагӣ ба тахту тибону ҳунармандони шӯъбаи фарҳанг фаъо- ҳамвор кардани заминҳо машғул буда, каналу лона иштирок карда, зиёда аз 35 ҳазор ниҳоли ҷуйборҳоро аз ахлоту партовҳо тоза менамоянд. мевадиҳандаи себу нок, олуболую гелос, зардо- Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Мискинобод булую чормағз шинонданд. Ҳамчунин, барои хуб нёди корхонаи мева ба нақша гирифта шудааст. нашъу намо ёфтани ниҳолҳо аз чашмаи деҳаи Зеро шуғли асосии мардум боғпарварӣ мебоҚарамайдон хатти об оварданд. Бо супориши шад. Агар ин корхона бунёд шавад, даҳҳо нараиси ноҳия масоҳати бунёди боғҳои нав дар фар ба ҷои нави корӣ таъмин мешаванду буҷаи заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо зиёд хоҳад маҳаллӣ ғанӣ мегардад. Он бояд дар арафаи бишуд. стумин солгарди Сарқонуни мамлакат мавриди Имрӯзҳо рафти кабудизоркунӣ, шинонда- истифода қарор гирад. ни ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳот бо маром идома доҲокими САФАР, рад. Тибқи нақша дар майдони 120 гектар заноҳияи Файзобод


ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро сафарбар намоед». Ба ҳар нафар намояндаи ҷавони киш-

Роҳбари давлат дар оғози суханронӣ ба таърих ва ҳайсияту нубуғи корномаҳои фарзонагони миллат руҷӯъ намуда, аз ҷумла, баён дошт: «Дар дунёи муосир ва ҷаҳони мутамаддин расмест, ки ҳар як давлату миллатро бо шахсиятҳои бузургу фарзона, чеҳраҳои намоён, иқтидору имкониятҳои зеҳниву ақлонӣ, осори пурғановати илмиву адабӣ ва фарҳангиву маънавӣ, инчунин, фарзандон ва наслҳои болаёқату соҳибистеъдодаш мешиносанду эътироф мекунанд. Тоҷикон ҳамчун халқи кӯҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд». Ин андешаи ҳикматбор баробари садо додан ҷавононро ба сӯи таърих ва шинохти мафҳуми ворисияти чунин таърих ва чунин афроди беназир савқ медиҳад. Зеро ҳар як ҷавони имрӯз бояд ифтихор дошта бошад, ки меросбари ин тамаддуни кӯҳану ҷаҳонист ва дар баробари садоқат варзидан ба чунин ганҷинаи безаволи таърих шоистагии худро дар пешорӯи азамати он бояд собит созад. Ҳар нафар аз чеҳраҳои шоистаи адабиву илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии миллати мо метавонад барои ҷавонони имрӯз ба ҳукми ормони олии инсонӣ ва сабақомӯзи роҳи зиндагонӣ хидмат кунад. Ин ифтихори беназир ва баробари он рисолатшиносии ҷавонони имрӯзро низ Сарвари давлат мушаххасан таъкид дошта, ба ҳар яки онҳо ва дар симои эшон ба тамоми ҷавонони мамлакат андарзи падаронае дод: «Аз ин рӯ, шумо - ҷавонон бояд рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоед ва

вар бояд ҷои ифтихор бошад, ки Президент Тоҷикистонро Ватани ҷавонон номид. Ин нуктаи муҳим дар баробари он ки ба нуфузи ҷавонон дар ҷомеаи мо ишорат кунад, аз сӯи дигар тафсиргари эътимод ва бовари Роҳбари кишвар ба ин нерӯи фардосоз аст, ки воқеан имрӯз бо корномаҳои рангини илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ нуфузи кишварро боло бурда истодаанд. Қаноатмандии Сарва-

ташвишу нигаронист». Дар воқеъ, нишондиҳандаҳо дар мавриди афзудани сафи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, ки дар суханронӣ ҳам ба ин нукта ишорат шуд, баёнгари пайванди ин андешаҳои Роҳбари давлат ба воқеиятанд. Аз ин рӯ, рисолатшиносӣ ва масъулияти худи ҷавонони лаёқатманд ҳам дар назди ҷомеа барои тарбияи ин гурӯҳ ва ҷилавгирӣ аз коҳиши маънавӣ

раббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа мебошад». Дар ин суханронӣ нуктаҳои муҳиме, ки метавонанд дар сарнавишти фардои ҷавонон нақши созанда гузоранд, баён шуданд ва худ баргузории ин мулоқот бо ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд дар қасри таърихии Арбоб то дергоҳ дар оинаи пиндору хотираҳои эшон бо чунин нукоти раҳнамояндаи падаро-

ри давлат аз ин дастовардҳои зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон дар баробари мояи ифтихор ва саодат будан, пешорӯи эшон боз ҳам рисолатҳои бештареро мегузорад, то бо масъулияти дучанд ин дастовардҳо ва пешрафтҳоро такмил диҳанд. Таваҷҷуҳ ба масъалаи намунаи ибрат будан барои ҳамнаслон ҳам дар ҷодаи дониш ва ҳам хираду хулқ ва варзишу ҳунар дар суханронии Сарвари давлат беҳикмат набуд, зеро дар баробари зикри ин дастовардҳо аз он ҳам изҳори нигаронӣ шуд, ки «бо вуҷуди татбиқи

камтар аз дигарон нест. Зеро ин ҷавонон метавонанд ҳамсолони худро бо пайкор ва корномаҳои наҷибу рангинашон ба сӯи уфуқҳои зиндагии нав ва лабрези муҳассанот ҳидоят намоянд. Аз сӯи дигар, ҳамин холигоҳи маънавӣ дар зеҳну андешаи гурӯҳе аз ҷавонон боис шудааст, ки онҳо ба ғояҳои фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ шомил шаванд. Маҳз, бетарафии ҷомеа, аз ҷумла, мактаб ва хонавода боис мешавад, ки фарзанд, насли ҷавон аз тарбия берун монда, таҳти таъсири чунин нерӯҳо қарор бигирад. Аз ин рӯ, нигаронии Сар-

на ва фардофарин сабт мешавад. Аз сӯи дигар, ширкаткунандагон низ аз таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ҷанбаҳои мухталифи фаъолиятҳои эшон бо изҳори қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ин мулоқот дар роҳи кашфи ҷодаҳои нав дар зиндагӣ ва корномаҳои мухталиф номаи беҳтарини ҳидоят барои онҳо хоҳад буд ва эшон ҳам бо файз аз баракоти ин ҳидоятнома дар амри сазовор будан ба боварӣ ва эътимоди Роҳбари давлат минбаъд низ иқдом хоҳанд намуд.

тадбирҳои зиёд дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Суғд маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, мутаассифона, тамоюли косташавӣ дорад, ки ҳамчун зуҳуроти номатлуб боиси

вари давлат дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳои мухталиф амри саривақтист ва далолат бар он мекунад, ки дар баробари истиқболи ноогоҳона аз унсурҳои фарҳанги бегона ва ақидаҳои номатлуб камолоти маърифатиро пеша намуда, дар заминаи касби огоҳӣ ва шинохти комил бо онҳо бархӯрд кунанд. Президенти кишвар бамаврид таъкид намуд, ки «бархе ҷавонон дар заминаи таваҷҷуҳ ба ин ғояҳои бегона аз сари кутоҳандешӣ дастовардҳои ҳазорсолаи таъриху фарҳангиро пушти по мезананд, ки оқибати нек надорад». Барои расидан ба мақоми шоистаи инсони комил ва дурӣ аз чунин тафаккури бегонапарастӣ мактабу хонавода бояд фаъолиятҳои муштарак дар такмилаи дониши толибилмон ба анҷом расонанд. Омӯзишу аз худ намудани дониш, таваҷҷуҳ ба афкори созандаи ниёкони арҷманди мо метавонад беҳтарин омил дар такмили маърифат ва андешаи ҷавонон бошад. Аз ин рӯ, ба таъкиди Роҳбари давлат «наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷову ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону му-

ТОҶИКИСТОН ватани ҷавонон аст

Нуралӣ НУРЗОД, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Такя ба нерӯи созанда ва тафаккури пешбину пешрави ҷавонон дар таърихи давлатдории миллии мо бозтоби равшан дорад. Талқини ғояҳои олии инсонгароӣ ва тарбияи инсони комил, ки бештар дар андешаи ҳакимону донишварони мо ба самти насли ҷавон равона шудааст, дар оинномаи давлатдории миллии мо ҷои хоса дорад. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созандаи ҷавонон ва ғамхориву пуштибонӣ аз маҷмӯи ташаббусҳои эшон маҳз пайванде ба ҳамин суннати деринаи оини давлатдории миллии мо ва садоқат ба ормонҳои ҳакимону донишварони бузург мебошад. Ин матлаб дар мулоқоти навбатии Роҳбари давлат бо ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд дар қасри таърихии Арбоб таҷассуми равшан дошт.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

5

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

6

ИҚТИСОДИЁТ

Агар яке аз нишонаҳои фарорасии баҳор омадани турнаву фароштурук бошад, нишонаи дигараш гулкунии дарахтону парвози занбӯри асал аст. Бо фарорасии рӯзҳои гарм занбӯрҳо аз хоби зимистона бедор шуда, ба гардолудкунии дарахтон сар мекунанд. Дар бораи нозукиҳои занбӯриасалпарварӣ ва манфиати он дар ҷомеа бо асалпарвари номӣ, ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ноҳияи Ҳисор Ҳоҷӣ Меъроҷиддин Азизов мусоҳиб шудем. - Занбӯриасалпарварӣ касби душвор буда, аз кас эҳтиёткорӣ талаб мекунад. нозукиҳои ин касбро дар куҷо омӯхтед? - Бобои падариам эшони Бобоазиз яке аз аввалин шахсоне буданд, ки дар ноҳияи Ҳисор ба занбӯриасалпарварӣ шуруъ намуданд. Он кас қариб 6 сол дар Ҳиндустон таҳсил карда, илми тибро низ аз худ карданд. Қиблагоҳам эшони Сироҷиддин касби падариашонро ёд гирифта, ба мо - фарзандонашон омӯхтанд. Яъне, занбӯриасалпарварӣ ба мо шуғли бобоӣ ба шумор меравад. - Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки гӯё занбӯр гули дарахтонро хӯрда, ҳосили онро кам мекарда бошад? - Ин гуна ақида рондан нишонаи беилмист. Баръакс, гардолудкунии дарахтон боиси афзудани ҳосилнокии дарахтону зироатҳо мегардад. Гулҳои хасакиву гардолуднашудаи дарахтон меафтанд, ки айби занбӯри асал нест. Олимон муайян кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 85-90 дарсади гули зироатҳову дарахтон тавассути занбӯри асал гардолуд мешавад. Саҳме, ки занбӯри асал дар гардолудкунию зиёдшавии ҳосилнокии зироатҳову меваҳо мегузорад, аз баромади фурӯши асал дида, даҳҳо маротиба зиёд аст. Дар мо бисёр вақт занбӯриасалпарварон

боғдоронро хоҳиш мекунанд, то барои овардану дар боғ ниҳодани қуттиҳои занбӯри асал иҷозат диҳанд. Аммо дар ИМА ва кишварҳои тараққикардаи Аврупо боғдорон пеш аз гулкунии дарахтон ба занбӯриасалпарварон пул медиҳанд, то қуттиҳояшонро маҳз дар боғи онҳо гузоранд. Зеро онҳо аз таҷриба медонанд, ки гардолудкунӣ дар зиёдшавии ҳосил чӣ нақш дорад. Агар дар наздикии майдони кишти офтобпараст занбӯри асал набошад, донаҳои он пуч мешавад. Ҳангоми гул кардани зироатҳои полезӣ (тарбуз, харбуза, каду) мавҷуд будани занбӯри асал ҳосилнокиро

дучанд зиёд мекунад. - Шумо дар занбӯриасалпарварӣ собиқаи зиёд доред. Аз зиндагии ин ҷонварони хурд чӣ ибрате гирифтед? - Худованд дар сураи «Наҳл» (занбӯри асал) оятҳои 68-69 чунин мефармояд: «Ва дастур дод Парвардигори ту ба занбӯри асал, ки дар кӯҳҳо ва дар дарахтҳо ва ҷое, ки соябон дуруст мекунанд, хона бисозад. Баъд аз он (ваҳй намуд, ки) бихӯр аз ҳар навъ меваҳо. Пас бирав ромшуда дар роҳҳои Парвардигорат. Берун меояд аз батни онҳо (занбӯри асал) ошомидание, ки мухталифанд рангҳои он. Дар он (асал) шифо аст барои мардум. Ба ростӣ, дар ин нишонаест барои касоне ки андеша мекунанд”. Зиндагии занбӯри асал оламест пур аз аҷоибот ва ҳикмату ибрат. Пеш аз ҳама, меҳнатдӯстии ин ҷонварон касро дар ҳайрат мегузорад. Масалан, олимон ҳисоб кардаанд, ки барои ҳосил кардани 1 кило

чойи гарм омехта карда, менӯшанд. Ин равиш низ хато аст. Зеро аксар элементҳову витаминҳои барои ҷисми инсон зарурӣ дар гармии 60 дараҷа вайрон ва гум мешаванд. Аз ин рӯ, асалро бо оби ширгарм ва ё оби борон бояд истеъмол кард. Дар як нишаст бо мақсади даво аз як чумча зиёд асал набояд хӯрд. Табибон асалро барои камқувватӣ, бемориҳои дарди дилу рагҳо, роҳи нафас ва шуш, узвҳои ҳозима, шикамравӣ, касалиҳои ҷигар, талхадон, бемориҳои занона, бавосир (геморой), васеъшавии рагҳо (ворикоз) ва ғайра даво гуфтаанд. Дар китоби «Тибби Юсуфӣ» асал (ангубин, шаҳд)-ро якҷо бо нахӯду тухми карафс (ҷаъфарӣ) барои муолиҷаи гурдаи заиф даво гуфтаанд: Гурдаат, эй ки заъф омадааст, Гӯш кун, гӯш гуфтаи ҳукамо. Нахӯду ангубину тухми карафс,

асал оилаи занбӯри асал дар маҷмӯъ, 300000 километрро тай намуда, ба 19 миллион гул мешинад. Дар оилаи занбӯри асал бекорро намебинед. Ҳар узви оила вазифа дорад. Малика (модарзанбӯр) идора мекунад. Дар оилаи занбӯри асал кошифон (разветкачиён) мавҷуданд, ки ҷойи сергулу асалдиҳандаро ёфта, ба аҳли оила тавассути «рақс» махсус хабар медиҳанд. Дар даромадгоҳи қуттӣ посбонон меистанд, ки занбӯрҳои бегона, дузд ва душманро дарун даромаданӣ намемонанд. Ҳамчунин, «машшотаҳо» (барои нигоҳубини Малика, мураббияҳо (барои «таълими» занбӯрони навзод), дояҳо, санитаркаҳо, фаррошон, гардкашон, обкашонҳо, мудирони «амбор», гармкунандаҳо мавҷуданд. Ҳангоми гармии ҳаво занбӯрҳои масъул об оварда, дар қуттӣ тавре пош медиҳанд, ки ҳаво муъта-

Соз маъҷуну майл мефармо. Албатта, ҳангоми муолиҷа бо асал меъёрро риоя намуда, маслиҳати духтурро гирифтан лозим. Худмуолиҷа натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. - Мегӯянд, ки занбӯри асалро заҳраш низ давост? - Оре, аз замонҳои қадим табибон зимни муолиҷаи беморон дар баробари асал аз заҳри занбӯр низ истифода мебурданд. Дар Шарқ дар асоси асалу заҳри занбӯр барои табобати бемориҳои ревматизм, миёндард ва дарди буғумҳо дору тайёр мекарданд. Ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри ХХ дар осоишгоҳи Албенаи Булғористон Маркази тиббии «Добруҷа» амал мекард, ки беморонро дар асоси асал, прополис, мум, гарди гул ва занбӯршифоӣ табобат менамуданд. Қиблагоҳам бо занбӯргазонӣ баъзе беморонро муолиҷа мекарданд. Бародарам, корманди соҳаи тандурустӣ Амриддин Азизов ба занбӯршифоӣ мароқи калон дорад. Чанд нафар хоҳишмандро бо ин усул муолиҷа кардааст. Занбӯршифоӣ (апитерапия) солҳои охир ривоҷ ёфтааст. Ҳоло дар Маркази илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи шаҳри Маскав шуъбаи махсуси занбӯршифоӣ амал мекунад. Табибон занбӯршифоиро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои эндокринологӣ (диабети қанд, ҷоғар), радикулит, неврит, остеохондроз, полеартрит, простатит, аденома, диққи нафас ва сустии масуният (иммунитет) истифода мебаранд. Аммо ин усули табобат як нозукӣ дорад. Бемор бояд ба заҳри занбӯр алергия надошта бошад. Ҳангоми бемориҳои ҷигар, гурда, ғадуди зери меъда, варамҳои саратони бемориҳои сироятӣ, заифшавии организм истифода аз занбӯршифоӣ мумкин нест. - Мегӯянд, ки занбӯрҳо аз бӯйи атр нороҳат мешаванд? - Занбӯри асал бӯйи атрро зуд ҳис мекунад. Шояд занбӯрҳо онро бӯйи ягон гул мепиндоранд. Аз ин рӯ, ба гирди одами атрзада ҷамъ мешаванд. Ҷамъшавии занбӯрҳо ва дар гирди сар виззос задани онҳоро дида, шахс бо даст кӯшиши дур кардани занбӯрҳоро мекунад. Ин қаҳри занбӯрҳоро меорад. Аз ин рӯ, ба қуттии занбӯрҳо наздик шудани шахси атрзада ва ё шаробнӯшида хатарнок аст. - Ба ҷавонон чӣ тавсия медиҳед? - Дар замони шӯравӣ дар бисёр омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ

Ҷавонон аз баракати асалпарварӣ бехабаранд

дил бошад. Ҳеҷ кас ба кори ҳамдигар халал намерасонад. Зиндагии оилаи занбӯри асал мисли як сохти давлатдорӣ буда, дуҳокимиятиро намеписандад. Агар дар як оила ду малика пайдо шавад, занбӯрҳо, қаҳр карда, қуттиро тарк мекунанд. - Асал барои кадом дардҳо давост? - Пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино истеъмоли муътадили асалро яке аз роҳҳои солимии ҷисм ва нигоҳ доштани ҷавонӣ гуфтааст. Баъзеҳо «асал даво аст» гӯён як пиёлаашро дар як нишастан мехӯранд. Бисёриҳоро медонам, ки аз якбора асали зиёд хӯрдан қандашон баланд шуда, бистарӣ гаштаанд, ё ин ки иддае дар

занбӯриасалпарвар тайёр мекарданд. Ҳоло ин шуъбаҳо ҳастанд ё не намедонам. Ғайр аз ин, курсҳои шашмоҳаи пулакӣ буданд, ки хоҳишмандон дар назди устодони забардаст нозукиҳои ин касбро меомӯхтанд. Имрӯз ҳайронам, ки чаро ҷавонон аз баракати асалпарварӣ бехабаранд. Тавре гуфтем, аз рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҳосили боғу токзор, пахтазор, зироатҳои полезӣ, офтобпараст ва сабзавот зиёд мешавад. Соҳаи тухмипарварӣ бе занбӯри асал маънӣ надорад. Занбӯри асал ғайр аз асал, инчунин, мум, прополис (ширеш), гарди гул ва шири модарзанбӯр медиҳад, ки дар соҳаи тандурустӣ талабот ба онҳо зиёд аст. Дар хусуси заҳри занбӯр низ дар боло гуфтем. Мо соҳибкорони ташаббускор зиёд дорем. Хуб мешуд, ки онҳо дар осоишгоҳҳо мисли булғориҳо марказҳои тиббӣ кушода, бо ҷалби мутахассисон табобат бо маҳсулоти занбӯри асалро ба роҳ монанд. Бо ин восита аз кишварҳои дуру наздик сайёҳони зиёде ҷалб мешаванд. Зеро як сабаби ҷалб шудани сайёҳон табобат бо усули ғайрианъанавист. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ масоҳати хурдро ишғол намояд ҳам, олами набототи он аз ҳама бойтарин аст. Асале, ки аз растаниҳои доманакӯҳи Тоҷикистон гирифта мешавад, хосияти шифобахшии бештар дорад. Солҳои пеш баъзе аз ҳоҷиён, ки тавассути нақлиёти заминӣ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд, бо сабаби кам доштани пули хориҷӣ асал мебурданд, то фурӯхта, як қисми харҷи роҳкирояшонро пӯшонанд. Ҳамон солҳо асали Тоҷикистон аз миёни дигар кишварҳои ҳамсоя шуҳрати бештар дошт. Ҳоло ки барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барномаи давлатӣ қабул шудааст, хуб мешуд, ки содироти асали кишвар ба мамолики арабиро ба роҳ монем. Аз ҳисоби даромади фурӯш метавон заминаҳои лалмии безироатро ба боғу токзор табдил дода, дучанд даромад гирифт. Ҳам меваю ангур фаровон мешавад, ҳам асали мусаффо ва ҳам хӯроки чорвою ҳезум. Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани некӯаҳволии сокинони мамлакат хоҳад гашт.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”


70 соли пур аз хотирот Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаи Миршакар 2-9 апрели соли ҷорӣ Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Зимни он дастранҷи хонандагони мактабу тарбиятгирандагони боғчаҳо, китобу маҷаллаҳои тозанашр ва ғайра ба дӯстдорони китоб намоиш дода шуд.

Дастури муҳим дар соҳаи туризм Чанде пеш нашриёти «Бухоро» китоберо зери унвони «Душанбе дар масири туризм» аз чоп баровард. Китоб маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди саноати туристӣ - омили пешрафт»-ро дар бар гирифтааст. Дар он фикру андешаҳои донишмандону муҳаққиқон, сайёҳон ва рӯзноманигорон оид ба вазъи кунунии инкишофи туризму сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ва пойтахт - шаҳри Душанбе гирд оварда шудаанд. Ба гуфтаи доктори илмҳои география, профессор, мудири кафедраи туризм ва методикаи таълими географияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Холназар Муҳаббатов ҳанӯз аз замонҳои қадим марказҳои маъмурию сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои инкишофи туризм нақши муҳим мебозанд. Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе низ аз зумраи шаҳрҳои қадимӣ буда, таърихи беш аз 2000-сола дорад. Ҳафриёти бостонӣ дар марказ ва гӯшаҳои алоҳидаи Душанбе гувоҳи он аст, ки дар гузашта ин шаҳр дорои қалъаю биноҳои муҳташам буда, мардумаш ба ҳунармандӣ, косибӣ ва кишоварзӣ шуғл доштаанд. Имрӯз ин ёдгориҳои таърихӣ бо биноҳои хушранги замонавӣ, осорхонаҳои миллӣ, меҳмонхонаҳои хуштарҳ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, макотиби олӣ, иншооти тиҷоратӣ, Китобхонаи миллӣ, боғу гулгашт ва фаввораҳо яке аз самтҳои муҳими инкишофи туризм дар Душанбе мебошанд. Дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон М. Ашӯралиев оид ба масоили рушди соҳаи туризми кишвар андешаронӣ карда, чунин нигоштааст: «Тӯли панҷ соли охир меҳмонхонаҳои наву замонавӣ ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд шуданд, ки ба ин меҳмонхонаҳои «Ҳаят Реҷенсӣ», «Серена-Душанбе» мисол шуда метавонанд. Ин хеле хуб аст, вале дар самти меҳмоннавозӣ масъулинро зарур аст, ки баъзе ислоҳотро пеш гиранд, то ин ки меҳмонхонаҳо пур аз мизоҷ шаванд. Дар акси ҳол меҳмонхонаҳо ба муфлисӣ рӯ ба рӯ мегарданд. М. Ашӯралиев ба хотири боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани соҳаи туризм дар мамлакат оид ба сабук кардан ё бекор намудани раводид бо баъзе кишварҳо, ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид, бунёди шаҳракҳои сайёҳӣ ва ғайра пешниҳодоти ҷолиб кардааст. Муаллиф менависад: «Хатсайрҳои сайёҳие, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, ба мисли «Шоми Душанбе», «Душанбе-Қалъаи Ҳисор» ва дигар хатсайрҳои маърифатӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра эҳё карда, раванди хизматрасонии экскурсионӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар шаҳр аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шавад. Ғайр аз ин, саёҳатҳои экскурсионӣ барои наврасони боғча, мактаббачагон, донишҷӯён тавассути автобусҳои махсуси сайёҳӣ ба пойтахти кишвар ва ба баъзе маконҳои фарҳангию таърихӣ аз ҷониби ширкатҳои туристӣ ё ин ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ташкил шавад, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию маънавиёти наврасону ҷавонон воситаи хуб мебошад”. Дар китоб, инчунин, мақолаҳои Дилшод Қурбонов бо номи «Роҳҳои рушди туризм дар Душанбе», Холназар Муҳаббатов «Дурнамои рушди туризм ва саёҳат дар Тоҷикистон», Т. Абдусатторов «Рушди сайёҳӣ ва аҳамияти он ба ҷомеа» ва дигарон ҷой дода шудааст. Китоб барои кормандони соҳаи туризм, меҳмонхонаю тарабхонаҳо, иқтисоддонҳо, кормандони илмӣ, устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиши масоили туризм таваҷҷуҳ доранд, дастури муфид аст. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иштирокдоронро табрик гуфта, мақсад аз баргузории фестивали ҷумҳуриявиро ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ ва дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, посу муқаддас нигоҳ доштани обу хоки аҷдодӣ унвон кард. Зикр гардид, ки ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон як навъ тарғиби адабиёт маҳсуб ёфта, солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба як қолаби муайян даромад. Дар солҳои бистуми асри 20 бо номҳои «Рӯзҳои китоб», «Ҳафтаи китобҳо», «Музоядаи китобхона» маълум буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (соли 1944) бо ташаббуси нависандаи рус Лев Кассил «Ҳафтаи китоби кӯдакон» ба ҳукми анъана даромад. Аз солҳои 50-уми асри гузашта «Ҳафтаи умумииттифоқии китоби кӯдакону наврасон” ҳар сол рӯзҳои таътили баҳории мактаббачагон ташкил мешуданд. Пас аз пош хӯрдани шӯравӣ ин чорабинӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Хушбахтона, ин анъанаи нек бо ташаббуси шоири маҳбуби кӯдакону наврасон Наримон Бақозода, бо дастгирии молиявии кормандони китобхонаи бачагона таҳти унвони «Фестевали китоб ва мусиқӣ» эҳё гардида, баъдтар бо ибтикори китобхонаи давлатии бачагона ва Вазорати фарҳанг, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Мушкили умдатарини ҷавонони имрӯза камсаводӣ ва беэътиноӣ ба китоб аст. Фестивали китоб метавонад дар ҷодаи рӯ ба китоб овардани онҳо кӯмак расонад. -Шахсан ман ҳамчун як шахси эҷодкор ҳарсол фестивали китобро бесаброна мунтазир мешавам. Зеро он навидест, ки ба гӯшам паёми меҳру вафоро меорад. Боз ба азизони дилам - кӯдакону наврасон вомехӯраму барояшон шеър мехонам ва ё баръакс онҳо шеъри маро мехонанд, - зикр кард раиси Китобхонаи бачагона ба номи М. Миршакар Қурбон Афғонов. Сол ба сол мазмуну муҳтавои баргузории Фестивали ҷумҳуриявии китоби наврасон дигаргун мешавад ва баргузор шудани як қатор чорабиниҳои тахассусӣ дар доираи фестивал имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон ба офарандагони адабиёти бачагона, нависандагони дӯстдоштаи худ тавассути вохӯриҳо фикру мулоҳиза ва ниёзҳое, ки имрӯз ба хониши адабиёти кӯдакон доранд, баён намоянд. - Тарғибгари аввалини шахс барои рӯ овардан ба китоб пада-

СУРАТГИР Т. ФОЗИЛОВ, «ҶТ»

ру модаранд, - зикр кард Ш. Саидова, модари наврасе, ки дар фестивал иштирок дошт. - Ёд дорам, якумин маротиба маро волидайнам ба китобхонаи деҳаамон ва баъдан ба китобхонаи мактабамон бурда буданд. Ман ҳеҷ гоҳ эҳсоси гуворои аввалин маротиба дар китобхона буданамро фаромӯш намекунам. Ҳоло ба фарзандон доимо хондани китобҳои бадеиро тавсия медиҳам. Фарзандонамро ҳамеша ба китобхонаҳо бурда, шавқи мутолиаи китобро дар

онҳо бедор мекунам. Мехоҳам ҳама китобдӯст бошанд, падару модарон дар дили фарзандон шавқи китобхонӣ ва меҳр нисбат ба китобро бедор кунанд ва онҳоро барои мутолиаи китоб талқин намоянд. Муддати як ҳафта дар доираи фестивал вохӯрии хонандагон бо адибон, барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои адабӣ дар ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

ФЕСТИВАЛ

e-mail: javonontj@mail.ru

КИТОБИЁТ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

8

ПОРАҲО АЗ ХОТИРАҲО

Ман зимистони соли 1944 дар деҳаи Кангурттут (дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳамин тавр омадааст) таваллуд шудаам. Номи маҳал дар лаҳҷаи мардуми таҳҷоӣ Қунғуртут мебошад. Зиндасағира ба дунё омада будаам, зеро падарам Ғуломи қорӣ Шариф - раиси хоҷагии «Иттифоқ», панҷ моҳ пеш аз таваллудам бо Бибиҷон ном сардори бригада издивоҷ карда, ба деҳаи Қурӯғ кӯч мебандад. Модарам - Саидмоҳ то ба олами ҳастӣ омадани ман, аллакай, соҳиби як духтару ду писар будааст. Чун ман субҳи барвақт таваллуд мешавам, модарам “дар ин қаҳтию гуруснагӣ ман ин чор кӯдакро чӣ хел ба воя мерасонам?” гуфта, гиря гулӯгираш мекунаду аз поям гирифта, ба берун (дари хонаамонро падарам бурда будааст), ба болои барф ҳаво медиҳад.

хӯрдани ноҳияи Норак аз деҳаи Кӯли Сӯфиён, ба водии Вахш, ба ноҳияи Кагановичобод (имрӯз Ҷалолиддини Румӣ), муҳоҷир шуданд, илтиҷо менамояд, ки ӯву фарзандонашро кӯчонда, ба наздаш барад. Як субҳи босафои баҳори соли 1950 момаам аз хоб бедорам карду бо меҳрубонӣ гуфт: - Кулчагиракам (момаам бо навозиш маро ҳамин тавр ном мебурд) тағоят омада, модару апаву бародаронатро ба водии Вахш мебарад. Рафтем, онҳоро гусел мекунем. Бори нахуст тағоям Бегмирзо - марди резапайкари ҷиддисиморо медидам. Баъдтар донистам, ки ӯ ҳофизи хушовоз ва қиссагӯи машҳур будааст. Устод Раҷаб Амонов (рӯҳаш шод бод) солҳои 50-60уми асри гузашта чанд қиссаву афсонаро аз забони ин марди фозил навишта будааст. Моро бо қавоқи гирифта истиқбол намуд. Ман аз тарс дар домони момаам

дододаш будам. Рӯзе Ҳасанов ҳини дарс маро хезонду ба ҳамсинфонам рӯ оварда гуфт: - Суханони маро дар хотир гиред. Ҳамин бача, дар оянда нависанда мешавад. Гуфтаи муаллим ҳамаро моту мабҳут кард. Ҳамсинфонам мисли ман ба маънои суханони муаллим сарфаҳм нарафтанд. Касе овоз намебаровард. Танҳо ҳамсинфам Файзулло, ки як шеърашро дар рӯзномаи девории мактаб ҷой дода буданд, тоқат накарда, писханд зад: - Муаллим! Нафаре, ки дар як ҷумла ҳашт хато мекунад, магар нависанда мешавад? - Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, - муаллим гӯё ин суолро интизор буд, - дар Зариф ду хислат ҳаст. Ӯ беҳад кунҷков ва мушоҳидакор аст. Ин хислатҳо хоси нависанда мебошанд. Солҳо мегузаранду худатон асарҳои Зарифро хонда, ба

вар кардам, ки аз ман шоир намебарояд. Як моҳ ба қаламу коғаз даст назадам. Гӯё бо онҳо қаҳрӣ будам. Баъди як моҳ лавҳае навишта, бо тарсу ҳарос ба устод Равшан пешниҳод кардам. Устод лавҳаро хонда, дастамро бо меҳр фишурду гуфт: - Ана, ин гапи дигар. Гуфта будам-ку, аз ту нависанда мебарояд. Ҳафтаи оянда чоп мешавад. Дар рӯзи таъиншуда рӯзномаро ба даст гирифта, гӯё бол бароварда будам. Ҳамон лавҳача калиде буд, ки ба рӯи ман дари бузургу муқаддаси адабиётро кушод.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз баҳри кӯдак гузаштану бо нархи арзон фурӯхтани духтарчаҳо ҳодисаи муқаррарӣ маҳсуб меёфтааст. Холаам Бону, ки ҳамагӣ дувоздаҳ сол доштааст, бо ашки шашқатор маро аз болои барф мебардораду дар доманаш печонида, ба хона медарорад. Момаи падариам - Зинатбӣ, ки дар ҷавониаш Восеи паҳлавонро дида будааст, мегӯяд: - Ту, Саймо (дар лаҳҷаи мардуми Кангурт Саидмоҳро ҳамин тавр ном мебаранд) ғам махӯр. Набераамро худам парасторӣ мекунам. Ин дам ҳамсари бобои Гулмурод холаи Санамбӣ бо косаи атолаи гарм вориди кулба мегардад. - Чӣ хел тифлаки дӯстрӯяк, - гуфта, холаи Санамбӣ маро рӯи даст мегирад. Нофамро бурида, мебандад. - Ояндаи бузург ин кӯдакро интизор аст, - пешгӯи мекунад ҳамсоя. - Барои ҳамин, Саймо, ман ӯро Зариф ном мемонам. - Зариф! - момаам маро ба бағал мекашад ва хаёлан сураҳои “Қуръон”-ро ба хотир меорад. - Ба фикрам, ин мафҳум дар “Қуръон”-и маҷид ҳаст. Бигузор, Санамбӣ, гуфтаи ту шавад. Аз ҳамон рӯз номи ман Зариф монд. Доир ба он ки маро модаркалонам чӣ тавр тарбия кардааст, чизе намедонам. Фақат, хотираи як хеши дурам Исматуллоро қайд карданиам, ки бамаврид аст. Ӯ қисса кард: - Ману модаркалонат ба ҳезумчинӣ мерафтем. Пеш аз шуруи ин кор момаат туро ба даруни чакдон мегузошт ва даҳони онро бо тобасанг мепӯшонд. Баъд аз се-чор соат ба хона бармегаштем. Ту даруни чакдони гарм бо чашмони оташбор моро пешвоз мегирифтӣ. Аз он маврид 60 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ин манзара аз ёдам нарафтааст. Тую чашмони оташборат… Ҳамин тавр, то шашсолагӣ маро модаркалонам ба воя расонидааст.

пинҳон шудам. - Ӯ кист? - маро нишон дода, пурсид аз модарам. - Бачаи сеюмам Зариф, - ҷавоб гардонд модарам. - Ӯро ҳам мегирем, - гуфт тағоям ва ба бародарам Қурбон амр дод, ки маро бо худ бигирад. - Намедиҳам! - модаркалонам якбора аланга гирифт. - Ман калонаш кардаам. Агар Зарифро баред, ман бе сарпаноҳ мемонам. Намедиҳам! - гуфта, маро сахт ба бағал кашид. Тағоям Бегмирзо, ки аз афташ чунин ранг гирифтани ҳодисаро чашмдор набуд, ба хоҳараш нигарист. - Рост мегӯяд, - модарам гуфтаҳои хушдоманашро тасдиқ кард. - Зарифро момааш калон кардааст. Бигузор, бо кампир монад. - Ту чиҳо мегӯӣ? - ба шӯр омад тағоям. - Дар чашмони ин бача ман оташакеро мебинам. Дар оянда ҳамин кӯдак дастгират мешавад, - ва бо қаҳр бародаронам Холмаҳмаду Қурбонро нишон дода: - Аз дасти инҳо ҳеҷ балое намеояд! - гуфту аз дастам гирифта, ба тарафи бародарам тела дод. Модаркалонам давида, хост, ки аз нав маро ба оғӯш гирад, вале тағоям пеши роҳашро гирифт. Байнашон кашмокашӣ сар шуд. Аз фурсат истифода бурда акаам Қурбон аз дастам гирифта, ҷониби деҳаи Гули Зиндон гурезонд. Аз он ҳодиса солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, суханони тағоям Бегмирзоро фаромӯш карда наметавонам: - Дар оянда ҳамин кӯдак дастгират мешавад!

ҳақ будани гуфтаҳои ман бовар мекунед, - посух гардонд Ҳасанов баҳсро хотима бахшида. Пешгӯии муаллим рост баромад. Соли 2000, гоҳе ки шаҳодатномаи узви Иттифоқи нависандагонро ба даст гирифтам, ҳамон гуфтаҳои муаллим Ҳасанов ба ёдам омаданду аз дил гузаронидам: «Кош устодам дар паҳлуям мебуд».

абармарди театру кино Ҳошим Гадо рӯ ба рӯ омадам. Наздик шуда, салом додам. Азбаски аз мулоқоти охиринамон зиёда аз ду сол гузашта буд, устод бо қавоқи гирифта посух гардонда, пурсид: - Э ношукрит, бача! Дар куҷо мегардию ба чӣ кор машғулӣ? - Дар ноҳияи Колхозобод ба ҳайси судя фаъолият дорам, - зуд посух додам. - Судя? - пурсид устод ва таваққуф накарда, суолашро такрор кард: - Қозӣ? - ва акнун даҳон кушода, посух гардонданӣ будам, ки идома дод. - Аз ту судя намебарояд, зеро нигоҳат ба нигоҳи судя монанд нест. Нигоҳи ту нигоҳи адиб аст. Аз ту бояд нависанда барояд. Аз он рӯз то қабули узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон панҷ соли дигар монда буд...

Ҳамин кӯдак дастгират мешавад! Соли 1950 бо сабаби вазнин шудани шароити зиндагӣ модарам аз бародараш Бегмирзо, ки соли 1948, баъди барҳам

«Нигоҳат нигоҳи адиб аст!» Соли 1995 барои харид ба бозори «Баракат» даромадам. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошта бошад ҳам, мардуми зиёде ба хариду фурӯш машғул буданд. Дар растаи кабудифурӯшон бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ,

Дар пайраҳаи

«Нависанда мешавад!» Соли 1957 дар синфи 7 мехондам. Ҳамон сол ба мактаби мо Ҳасанов ном омӯзгори ҷавонро ба кор фиристоданд. Ҷавоне буд газгӯшти қоматбаланд ва сиёҳчашм. Ба мо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик сабақ медод. Аз рӯзи аввали таҳсил муаллим Ҳасановро дӯст доштаму ҳар як дарси ӯро бо бетоқатӣ интизорӣ мекашидам. Ҳангоми машғулият ӯ бо як эҳсосот ва ҷаззобияти хоса шеър қироат мекард. Мафтуну шайдои маҳорати ху-

«Худатро ба наср бизан!» Намедонам, таъсири устод Турсунзода буд ё мақоми волои шеър дар рӯзгори мардуми тоҷик, ки нимаи аввали солҳои 60-и қарни сипаришуда, қариб ҳама «шоир» шудаву «шеър» мегуфтанд. Маҳз дар ҳамон солҳо ин байт эҷод гардида буд: Шоирон мурданду ту шоир шудӣ, Аз кадом кунҷи лаҳад ҳозир шудӣ? Маро ҳам ин «беморӣ» сироят карда буд, ки қариб ҳар рӯз шеър менавиштаму ба идораи нашрияҳо мефиристодам ва як посух мегирифтам: «Бисёртар мутолиа кунед. Бештар асарҳои классиконро хонед!» Талошҳоям натиҷа намедоданд, вале аз ин машғулияти нобарор даст намекашидам. Ниҳоят, соли 1964 Равшани Ёрмуҳаммад бо тавсияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ба идораи навтаъсиси рӯзномаи «Ҳақиқати Колхозобод» ба кор омад. Бо он кас қадре шиносоӣ, ки доштам, дафтари «шеъру ғазалҳоям»-ро бардошта, ба ҳузураш рафтам. Саҳифагардонӣ карду гуфт: - Зарифҷон, медонӣ чӣ? Шеърҳоятро бо диққат мехонаму пас аз як ҳафта ҷавоб мегардонам. Ҳафта бароям баробари сол буд. Рӯзи ваъдагӣ ба наздаш ҳозир шудам. Устод мӯйҳои ҷингилаашро таккон дода, бо ҳамон табассуми ҷалбкунанда қарорашро изҳор кард: - Зарифҷон, хафа нашав! Аз ту шоир намебарояд. Маслиҳати ман ҳамин: худатро ба наср бизан! Аввал қаҳрам омад. Чун дафтарро варақ гардондаму ислоҳу эродҳои дар ҳошияи саҳифаҳо навиштаи устодро дидам, бо-

«Ангура хӯру боғаша напурс!» Ба адабиёт хеле дер омадам. Нахустин ҳикояро дар 48-солагӣ аз чоп баровардам, ки қиссааш чунин аст: Соли 1986 ба Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт», ки зери итоати Вазорати саноати нафту гази Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, ба ҳайси ҳуқуқшиноси калон ба кор гузаштам. Азбаски дар ихтиёрам ҳуҷраи алоҳидаи корӣ буд, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба навиштани ҳикоя шурӯъ намудам. Тайи чор сол се ҳикоя чоп кардаму дар наздам масъалаи аз нависандае гирифтани тақриз пайдо шуд. Устод Равшани Ёрмуҳаммад дар кишвари ҳамсоя вазифаи интернатсионалистиашро иҷро мекард ва маълум набуд, ки кай ба Ватан бармегардад. Ба чунин хулоса омадам, ки аз Соҷидаи Мирзо маслиҳат пурсам. - Ана, ҳаминашро ба нависанда Баҳманёр пешниҳод кунед, - пас аз он, ки Соҷида дастнависҳоямро хонда, ҳикояи «Валаддузинно»-ро маъқул шуморид. Роҳи идораи Иттифоқи нависандагонро пеш гирифтам. Мутаассифона, Баҳманёрро дар ҷойи кораш наёфтам. Дар маҷаллаи «Садои Шарқ» гуфтанд, ки ӯ ба зодгоҳаш рафтааст ва кай бар-


- Барои чӣ? - ҳайрон сар бардоштам. - Ин ҳафта ҳикоя аз чоп мебарояд, Нуриддин дастамро гирифта фишурд. Суратро додаму ҳеҷ боварам намеомад, ки ин ҷавони шӯхи ба адабиёт ҳеҷ иртибот надошта аз уҳдаи коре мебаромада бошад. 27 августи соли 1992 ҳикояи аввалинам дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» бо суратам аз чоп баромад. Рӯзномаро гирифта, фикр мекардам, ки Нуриддин дар нашри ин ҳикоя чӣ нақше бозида бошад. Ҳар гоҳи рӯ ба рӯ омадан аз ӯ мепурсидам ва ҳар дафъа як ҷавобро мешунидам: - Ангура хӯру боғаша напурс!

мусоҳиби шӯъбаи мусоҳиботӣ Нуриддинро нафаҳмида мондам. Чун ҳарвақта бо ханда салом дода, ба ҳазл гузашт. - Ҳа, ако! Тинҷӣ бошад? Аз қошу қавоқат барф меборад? - Туро чӣ монад бо ғами ман, - бо ҳасрат ҷавоб гардондам. - Дар сарат фақат рақам чарх мезанад. Беҳтараш маро осуда гузору рафта, ба ҳисобу ҳасадат машғул шав, гӯён аз ҷоям хеста, дарро ба рӯяш кушодам. Аз чунин пазироӣ Нуриддин ҳатто наранҷид. Баръакс бо лаби пуртабассум дарро пӯшида, дар рӯ ба рӯям рост истода гуфт: - Ёрӣ расонда натавонам ҳам, мумкин маслиҳате медодагистам. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки “аз мурча мадад”. - Устоди маслиҳат медодагиям дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият доранд, - бо зарда посух додам. - Агар ӯ дар ин ҷо мебуд, ҳамаи мушкилиҳоям ҳал мешуданд. - Дар кадом масъала? - якравиашро давом дод Нуриддин. - Агар дарди маро бо рақам ҳисоб карда мешуд, - ин дафъа бо қаҳр ва овози баланд ҷавоб гардондам, - он гоҳ ба ту муроҷиат мекардам. Дарди ман дигар аст. - Бисёр мехостам, ки шумо кушоду равшан ғами дилатонро баён кунед, маълум буд, ки ман бо осонӣ аз ӯ раҳоӣ надорам. - Ба ҷону ҳолам намондӣ, - гашта ба курсӣ нишастам ва барои аз сӯҳбати ногувораш халос шудан гуфтам, - ҳикояеро бояд чоп кунам. - Ҳамааш ҳамин? - бо тааҷҷуб Нуриддин ба ман наздик шуд. - Гумон кардам, ки аз бонк қарзи дарозмуддат гирифтаниед. Ҳикоя бояд дар кадом рӯзнома чоп шавад? - Дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», - худам надонистам, ки чӣ хел иқрор шудам. Нуриддин ҳарфе ба забон наоварда, тоб хӯрда, аз дафтари корӣ баромад. Пагоҳ бо шаст дарро кушода, бе салому алейк болои сарам бо ҳамон лабони пурханда рост шуд. - Як дона расматон даркор шудааст?

аз Афғонистон баргашту ӯро сардабири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъин карданд. Соли 1993 ҳикояи «Сағираи наҳс»ро наздаш бурдам. Он солҳо идораи маҷалла дар Маҷмааи табъу нашр қарор дошт. - Ҳикояро бо ҷону дил ба чоп месупорам, - гуфт сардабир бо ҳамон табассуми латифаш. - Ба худат маълум, замона дигар шудааст. Ин ҷанги бемаънӣ мардумро ба маҳалҳо тақсим кард. Боз эрод нагиранд, ки маҳалбозӣ карда, ҳикояи ҳамшаҳриашро нашр намудааст. Беҳтараш ба мудири бахши наср, нависандаи маъруф Мутеулло Наҷмиддинов месупорам. Эшон як умр ҷавононро тарбия кардааст. Фикр мекунам, ки аз панду насиҳати устод баҳра мебардорӣ. Аз байн муҳлати зиёд гузашту аз чопи ҳикоя дарак набуд. Интизориам тӯл кашид. Оқибат, рӯзе устод занг зада гуфт, ки маро адиб Мутеулло Наҷмиддинов мепурсад. Чанд маротиба ба идораи маҷалла сар халондам, аммо мудири бахши насрро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистам. Боре ба идораи маҷалла занг зада, хушбахтона, нависандаро ёфтам. - Устод, шумо ба ман гуфтание доштед? - Ман ҳикояро хонда, ба хулосае омадам, ки шумо нависандаи тайёр будаед, - гуфт мудир. - Ҳикоя дар ин шумора аз чоп мебарояд. Аз хулосабарории устод бол бароварда бошам ҳам, вале афсӯс мехӯрдам, ки бо ин адиби шӯҳратманд боре ҳам рӯ ба рӯ нашудаву аз сӯҳбаташ баҳравар нагардидам.

Нависандаи тайёр будаед! Ниҳоят, устодам Равшани Ёрмуҳаммад

зиндагӣ

Зариф ҒУЛОМ

Таърихи нашри роман Борҳо ба худ савол медодам, чӣ гуна адибам, ки ҳашт сол боз номи наҷиби нависандагиро бар дӯш дораму дар давоми 16 сол сад ҳикоя, бист қисса ва даҳҳо ҳаҷвияю латифа навишта, даст ба жанри калонҳаҷм назадаам? Зеро таърихи ҳазорсолаи адабиёти форсу тоҷик собит намудааст, ки шоир ҳатман достон ва носир бояд роман дошта бошад. Бо ҳамин андеша пас аз омӯзиши чанд парвандаи ҷиноятии овозадор ва мушоҳидаҳои

шахсӣ соли 2008 ба навиштани романи моҷароӣ шурӯъ намуда, онро соли 2010 ба итмом расондам. Бо мадади як шиносам нусхаи шартӣ (сигналний вариант) омода намудам. Акнун дар наздам барои чопи асар дарёфти маблағ меистод. Бо ин сабаб дари чанд дӯсти соҳибкорамро кӯфтам. Ҷавоби ҳамаи онҳо як хел буд: - Ҳоло имконият надорем. Рӯзе дар кӯча бо дӯстам Сангинҷон Сангинов, ки дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохила кор мекунад, вохӯрда, рози дил гуфтам. - Вазорати мо дар назди варзишгоҳи «Спартак» рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа» дорад. Асари шумо ба фаъолияти Раёсати ҷустуҷӯи фаврии вазорат бахшида шудааст. Ба сардабираш Иброҳимов муроҷиат кун. Гумон мекунам, ки ӯ романро ҳам дар рӯзнома ва ҳам дар алоҳидагӣ аз чоп мебарорад, - тавсия дод нозири роҳ. Иброҳимов маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, арзи ҳоламро бодиққат шунид. Сипас, китобро варақ зада гуфт: - Асари мост ва мо онро ҳатман чоп мекунем. Илова бар ин, мо кайҳо орзу доштем, ки бо адибе чун шумо ҳамкорӣ кунем. Аз ин хотир, то чопи асар хоҳиш мекунам, ки барои рӯзномаи мо доир ба фаъолияти милиса ҳикояе омода намоед. Аз чунин пазироӣ хушҳол ба хона баргашта, азми навиштани ҳикоя кардам ва баъд аз як ҳафта онро бо номи «Котиби ҷамоат» ба Иброҳимов пешниҳод кардам. Ӯ ваъда дод, ки ҳафтаи оянда ҳатман ҳикояро ба табъ мерасонад. Дар рӯзи таъиншуда рӯзномаро варақ задам. Аз ҳикоя дараке набуд. Ба саволи ман Иброҳимов чунин посух дод: - Баъзе ҷузъиёти ҳикоя ба калонҳо маъқул нашуд. - Ҳамон калонҳо аз кӯчаи адабиёт гузашта бошанд? - ва худам донистам, ки саволи додаам ба Иброҳимов нафорид. - Ман намехоҳам муносибатамро бо сардорам вайрон намоям, - Иброҳимов рӯй гардонда, худро бо коре андармон кард. Ҳикояро оварда ба дасти дӯстам

Аҳмадзода, ки дар ҳафтавори «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир кор мекунад, супоридам ва он ҳамон ҳафта аз чоп баромад. Як шумора ба дасти Иброҳимов дода гуфтам: - Бурда ба сардоратон нишон дода, гӯед, ки ба ҳар гуна амру фармон ва нозу нуз пеши роҳи адабиётро бастан амри маҳол аст ва ҳис кардам, ки аз ҳамон рӯз эътиборан дар муносибати ману сардабир сардӣ зуҳур кард. Аз байн ду моҳ гузашт. Ба саволи ман Иброҳимов ҷавоб дод, ки ходимаш асарро омӯхта истодааст. - Ман метавонам бо он кас шинос шавам? - пурсидам. - Албатта! - тасдиқ кард сардабир, ки ба гумонам мехост аз ман ҳарчи тезтар халос шавад. - Ба ҳуҷраи паҳлӯ гузаред. Китоби ман болои мизи кории зани пурраи тахминан 45-50-сола мехобид. Маро дидан замон дар лабони зан табассуми узромез пайдо шуд. Ҳайратам аз он буд, ки ин ходим наход асари иборат аз 200 саҳифаро то ҳол нахонда бошад. Тоқат накарда савол додам. - Мебахшед, то ба рӯзнома ба кор омадан дар кадом вазифа фаъолият доштед? - Дар шаҳраки Лучоб дар мағозаи ҳукуматӣ ба сифати фурӯшанда кор мекардам, - зан нигоҳи хиҷолатомезашро аз назари ман гурезонд. - Пас, шумо ба адабиёт чӣ алоқамандие доред? - акнун аз гуфтаҳову амалҳои Иброҳимов дар дилам шубҳа пайдо шуд. Ходим сар хам намуд. Ба кӯча баромада, қарор додам, ки боз андаке тоқат кунам. Пас аз як моҳ ба идораи рӯзнома омадам. Иброҳимовро машғули кор дарёфтам. Баъди салому алейк пурсидам: - Чопи асар дар кадом сатҳ қарор дорад? - Нашриёт кофта истодаем, - овози мизбон боварибахш садо надод. - Баъдан, масъалаи маблағ, ҳаққи қалам, фурӯши китобро ҳал кардан лозим. Оид ба ин масъалаҳо бояд бо шумо шартнома бандем, - гуфта, аз ҳуҷраи ҳамсоя ҷавонмарди сиёҳҷурдаи хароберо ҷеғ зад. - О, ин масъалаҳоро тайи ин муддат иҷро кардан мумкин набуд? - ман қариб аз худ рафта будам. Иброҳимов ҷавоб надод. Ҳатто ранги рӯяш тағйир наёфт. Ҷавон коғазеро болои миз гузошта, ба ман муроҷиат кард: - Ному насаб, соли таваллуд… - Э, моне, - фарёд задам. - Китобро биёред! Ранги ҷавон парид. Қаламу коғазашро болои миз гузошта, ба берун давид. Дақиқае нагузашта романро бо дасти ларзон ба ман дароз кард. Чанг зада, асарро гирифта, ба кӯча баромадам… Романро пас аз мутолиаи шоири халқӣ Гулназар Келдӣ нашриёти «Адиб» бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баровард. Тазодро бинед, ки дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ бо Нурмуҳаммад Исҳоқӣ вохӯрдам. Ӯ он замон дар рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа» ба сифати котиби масъул кор мекард. - Шунидам, ки романи моҷароӣ навишта, аз чоп баровардед. Чӣ мешавад, ки як нусха тақдим кунед? Тақриз навиштаниам. - Марҳамат, - гуфта аз ҷузвдон як нусха асарро бароварда, ба дасташ додам. Исҳоқӣ ба қавлаш вафо кард. Дар “Қонун ва ҷомеа” тақриз аз чоп баромад. Онро хондаму фикр кардам, ки сардабир худро дар чӣ ҳол тасаввур карда бошад?

e-mail: javonontj@mail.ru

гаштанаш маълум нест. Ноилоҷ ба идораи рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» даромадам. Дастнависамро ба мутасаддии шӯъбаи наср дароз кардам. - Ин чист? - бо тундӣ пурсид ӯ. - Ҳикоя овардам, - аз чунин муомила қадре худро гум кардам. - Чӣ, ту мехоҳӣ, ки пеш аз пиронсолӣ кӯру нобино шавам, - бо ҳамон оҳанг гуфт ӯ. - Бурда дар машинка чоп карда биёр. Фосилаи сатрҳоро васеъ мон, то ки ман эроду хулосаҳоямро ҷой диҳам. Пас аз як ҳафта ҳикояро дар се нусха чоп карда овардам. Ходими рӯзнома дар ҷойи кораш набуд. - Болои миз гузоред, - гуфт ҷавонзани зебочеҳрае. - Ҳамин ки пайдо шуд, ҳатман ҳикояро ба дасташон месупорам. Бо дили озурда ба коргоҳ баргаштам. Дар ҷойи кор ба фикру андешаҳои андӯҳовар ғуттавар буда, ба дафтари корӣ даромадани мутахассиси ҷавон,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

9

ПОРАҲО АЗ ХОТИРАҲО


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

10

ТУРИЗМ

Дар қаламрави мамлакат 1449 кӯли хурду бузург мавҷуд аст. Ин кӯлҳои зебоманзари диёри биҳиштосоямон бештар дар ду минтақаи кӯҳсор – Бадахшон ва Зарафшон воқеъ гардидаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди водии Зарафшон яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво дараи Шинги ноҳияи Панҷакент ба шумор меравад. Кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати нотакрори ин минтақаи кӯҳсор бо зебоиҳои шигифтангез диққати ҳазорон бинандаро ҷалб намудааст. Ба гумон аст, боз чунин ҷое пайдо шавад, ки дар ҳудуди начандон бузурги миёни ҷинсҳои кӯҳӣ, дар доманакӯҳҳои барфпӯши бо марғзору ҷангалҳо иҳотагардида ва дар зери осмони софу нилгун кӯлҳои рангобаранг ҷойгир ва оби он тобишҳои гуногуне аз ранги сабзи паст то бунафши баланд дошта бошад.

кӯли аз ҳама поён (Миҷгон) ва аз ҳама боло (Ҳазорчашма) ба 842 метр мерасад. Ҳафткӯли водии Шинг таркиби мураккаби кимиёӣ дошта, дар оби онҳо ионҳои Cl, SO4, Ca3, HCO3, Na, K, Mg, инчунин, гидрогену сулфиди гидроген

Водии Зарафшон аз ҷиҳати шумораи кӯлҳояш баъд аз Помир дар ҷойи дуюм меистад. Ин кӯлҳо, асосан, дар ҷойи ба ҳам пайваст шудани қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳсиор, дар водии дарёҳои Моғиён, Киштӯд, Пасрӯд ва Искандар воқеъ гардидаанд. Аксари кӯлҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон андозаи хурд доранд, ки онҳоро дар харитаи таълимӣ пайдо кардан амри маҳол аст, вале бо вуҷуд онҳо миёни хосу оми кишвар ва ҷаҳониён шуҳрати хос доранд. Шумораи умумии кӯлҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки ҳар яке беш аз 1 гектар масоҳат дошта, дар баландии беш аз 1000 метр ҷойгир шудаанд, ба 60 расида, майдони умумиашон 9,18 километри квадратиро фаро гирифтаанд. Бештари онҳо пайдоиши моренагӣ ва бандшуда, дар таҳаввули баъзеашон амалиёти тектоникӣ нақш гузоштаанд. Ҳамин тариқ, дар ҳавзаи дарёи Моғиён – 16, Киштӯд – 28, Пасрӯд – 4 ва Искандардарё 12 кӯл мавҷуданд. Дарёи Моғиён яке аз шохобҳои калони дарёи Зарафшон ба шумор рафта, 9 км. шарқтар аз шаҳри Панҷакент ба он ҳамроҳ мешавад. Ин дарё 68 км. дарозӣ ва 1100 км. кв. ҳавзаи обғундор дошта, харҷи миёнаи солонаи об дар ҳар як сония ба 8,65 метри кубӣ мерасад. Кӯлҳои калонтарин ва овозадортарини ҳавзаи дарёи Моғиён дар водии шохоби калони он - рӯди Шинг воқеъ гардидаанд. Ин кӯлҳо дар байни хосу ом бо номҳои Ҳафткӯл, Марғзор, Ҳафт нозанин, Ҳафт паризод ва ғайра машҳуранд. Ҳафткӯли дараи Шингдарё ба мисли шаддаи марҷон, дар водии танг ҷойгир шудаанд. Ҳафткӯли дараи Шинг аз сарчашмаи дарёи ҳамном ба самти поён бо тартиби зайл: Ҳазорчашма, Марғзор, Хурдак, Нофин, Ҳушёр, Соя ва Миҷгон воқеанд. Тафовути баландӣ байни

мавҷуданд. Тобистон ҳарорати оби кӯлҳои ҳавзаи дарёи Шинг аз 6 то 16 дараҷа гарм мешавад. Зимистон, сатҳи болои аксарияти кӯлҳоро 2-3 моҳ яхи ғафс мепӯшонад. Марғзор, Нофин ва Ҳазорчашма кӯлҳои нисбатан калон буда, беш аз 2 км. дарозӣ ва то 41-47 метр чуқурӣ доранд. Ранги оби кӯли Ҳазорчашма кабуд, Марғзор ва Нофин ахзарӣ, Хурдак, Ҳушёр ва Соя бунафш, Миҷгон нилобӣ, сурх ва ғайра мебошад. Буриши мураккаби қаторкӯҳҳо ва обшавии пиряхҳо тӯдаи пораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва кӯҳпораҳоро ба ҳаракат оварда, барои дар дараву мавзеъҳои ҷудогона пайдо шудани кӯлҳо боис гардидааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лағжида ҷойгиранд, ки дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғзор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунанд. Кӯлҳои водии Шинг аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, тавассути дарёи ҳамном ҷорӣ мешаванд. Онҳоро баъзан яке аз ҳафт мӯъҷизаҳои олам низ ном мебаранд. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуюм дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр, ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст. Тамошои кӯлҳои баландтар бо сабаби мушкилгузар будани роҳ душвортар мебошад. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯли Марғзор, бахусус, кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто

ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонӣ медиҳанд. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшро мегирад. Дар бораи пайдоиши кӯлҳои

шохоби тарафи чапи дарёи Фон (Фондарё шохоби самти чапи дарёи Зарафшон), ки Пасрӯд ном дорад, воқеъ гаштаанд. Дараи Пасрӯд байни шохаҳои шарқии кӯҳсори Фон аз ғарб ба шарқ кашол ёфтааст. Релефи дараи Пасрӯд

гардида, зинаи моренаи ҷануби ғарбӣ, ки пиряхҳо осор мондааст, сарбанди он гардида, шакли арафаи дарозрӯяи нимҷазирадор, дарозии 522 метр, паҳноии 470 метр, жарфии 14-16 метр ва 0,11 метри мукааб майдон дорад. Ҳангоми обшавии зиёди барфу пиряхҳо ҳаҷми об калонтар мешавад. Оби кӯл шаффоф, сабзи кабудчатоб ва хунук -9 -100С аст. Ҳангоми вазиши шамолҳои бегоҳирӯзӣ оби кӯл мавҷҳои гӯшрас пайдо мекунад. Атрофи шарқии кӯл чӯл асту аз кӯҳпораҳо, харсангҳо холӣ нест, вале дар гӯшаи ҷануби ғарбии кӯл марғзорест, ки барои хиргоҳи сайёҳон арчаи бисёр дорад. Кӯли Аловуддин аз нишебиҳои кӯҳи Чапдара ва пиряхҳои зиёде, ки дар масофаи 5 км. аз зери ғараму моренаҳо бо як садои ғулдуросӣ ба зада мебароянд, манбаъ мегирад.

Ҳафткӯл – ҳафтум муъҷизаи ҷаҳон? мазкур ривояте мавҷуд аст. Замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост. Духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шарт гузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад. Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоӣ бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигар наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадаанд. Дар муқобили ин ривояти халқӣ далелҳои илмии геологӣ исбот намудаанд, ки кӯлҳои номбурда бар асари заминҷунбӣ арзи вуҷуд кардаанд. Қобили зикр аст, ки номи кӯлҳо маънои рамзӣ ва ба ҳолату хусусиятҳои он робита дорад. Масалан, яке аз кӯлҳо Ҳушёр ном дорад, зеро дар гирду атрофи он морони заҳрноки хавфнок хеле зиёданд ва Ҳушёр номидани он шояд бо он сабаб бошад, ки одамонро огоҳ месозад, то эҳтиёт шаванд. Кӯли дигар Ҳазорчашма ном дошта, он аз оби мусаффои ҳазорон чашма ва дарёчаҳои хурд ба монанди Ҳисору Дарахти Сурх пур мешавад. Дар атрофи кӯл дарахтони тӯс месабзанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, тухми ин дарахтро ба ин ҷо парандагон овардаанд ва дар замони қадим аз ин ҷо як шохаи Роҳи Абрешим мегузаштааст. Кӯлҳои Аловиддин дар ҳавзаи

басо мураккаб буда, тавассути рӯдҳои сершумори паҳлӯӣ бурида шудаанд. Дарозии дарёҳои паҳлӯӣ ба 3-4 ва баъзан 4-5 км. мерасанд. Аз байни ин дараҳо рӯдҳои Турзул, Иммат, Бодхона, Сурхоб, Хоҷаи Китоб, Реват, Ағба, Чапдара ва ғайра ҷорианд, ки ҳамааш дар якҷоягӣ дарёи Пасрӯдро пайдо кардаанд. Дарёи Пасрӯд 28,4 км. дарозӣ ва 371 км. ҳавзаи обҷамъкунӣ дорад. Серобии Пасрӯддарё аз моҳи апрел оғоз ёфта, то моҳи июл ба ҳадди баланд мерасад. Сарфаи миёнаи солонаи Пасрӯд 4,68 метри кубӣ/сония мебошад. Кӯлҳои Аловуддин дар манзараи фароху баланд (2800 метр аз сатҳи баҳр) мавқеъ доранд, ки аз он ҷо қуллаҳои Одамтош (4580 метр), Миралӣ (5106), Дутар Мария (4700) ва қуллаи овезони Чапдараи ҳавзаи дарёи Пасрӯди силсилакӯҳҳои Фон объекти тамошои сайёҳон ва кӯҳнавардон маҳсуб меёбад. Онҳо яке аз манзараҳои дилфиреб ва зеботарини офаридаҳои табиати кӯҳистони водии Зарафшон буда, сайёҳону мутахассисон ва дӯстодорони табиатро чун оҳанрабо ҷалб мекунанд. Ин кӯлҳо аз рӯи андоза, жарфӣ, ранг ва дигар хусусиятҳои лимнологиашон аз якдигар тафовут доранд ва яке аз дигар рангинтару ҳаловатбахштар менамоянд. Кӯлҳои нисбатан хурдтар аз миёни моренаҳо (таҳшинҳои пиряхҳо)-и баъдӣ на аз байн рафта ё дар баландиҳои дастнорас, дар канори тармаю барфҳои бо ранги кабуди сабзчатобашон аз худ дарак медиҳанд. Дар сари роҳи кӯли Аловуддин, дар баландии 2635 метр дар назди танакӯҳи дӯлбарин чуқур (46 метр) хиргоҳи маъмули кӯҳнавардон «Аловуддин амудӣ» ҷойгир буда, то кӯл боз 1,5 км. роҳ тай кардан лозим аст. Кӯлҳои Аловуддини Калон дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ

Аз ин кӯл ҳаҷман оби калоне зери моренаҳо полоида шуда, бо як шитоби ғайричашмдошт ба Кӯли Поёнӣ (бо лаҳҷаи маҳаллӣ Чӯби Хушк) мерезад. Кӯли Поёнӣ шакли секунҷа дошта, 55х20 метр масоҳат дорад ва дар баландии 2600 метр, дар нишебии нобаробари ғарами моренаҳо ҷойгир шудааст. Кӯл обро аз зери ғарамҳои моренаҳо ва ҷӯйчаҳои пиряхҳо гирифта, аз шимолу шарқи он рӯди Чапдара сарчашма мегирад. Шарқтар аз кӯли Аловуддини Калон, дуртар аз роҳи пиёдагард, кӯле воқеъ аст бо номи Шарқӣ. Кӯли Шарқӣ аз обҳои зеризаминӣ манбаъ мегирад, вале хусусиятҳои физикии оби он аз хусусиятҳои физикии се кӯли зикргардида тафовут надорад. Билохира, дар бораи кӯлҳои Ало, Кӯли Калон ва кӯлҳои Аловуддин қайд кардан ҷоиз аст, ки онҳо яке аз манзараҳои беҳтарину зеботарини кишварамон маҳсуб ёфта, гирду атрофашон аз дарахту буттаҳои ароматикӣ (арча, тӯс, фаранг, ҷамилақ, садбарги кӯҳӣ, гулхор) холӣ нест, ки барои сайёҳон, кӯҳнавардон ва дӯстдорони табиат манзараи бебаҳост. Аз тарафи дигар, пайдоиши ҳама кӯлҳои он ҷо моренагӣ буда, синну соли қадима ва ҳозираро доранд. Баъд аз тамошои кӯлҳои Аловуддин кӯҳнавардон метавонанд, сафари худро ба қуллаҳои Чапдара (5050 метр), Замок (5070), Энергия (5120), Чимтарға (5489), Адиҷӣ (4550), Бодхона (5138), Пайғомбар (4958) ва ғайра сарватҳои бебаҳои туристии қаторкӯҳҳои Фон оғоз намоянд.

Шаҳривар ҚУРБОНОВ, донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Гулназар ҚУРБОНОВ, омӯзгори МТМУ №33-и ноҳияи Ҳисор


Аз шафати мағозаи «Наргис»-и назди бозори Шоҳмансури пойтахт мегузаштам. Сержанти милисае ботамкин ва ниҳоят нарм ба ҷавоне мегуфт: «Гӯш кун, бародар, магар шарт ҳаст, ки ҳамон одам туро дашномҳои қабеҳ кунаду баъд ту фаҳмӣ?». Азбаски роҳгузар будам, то охир суҳбаташонро нашунидам, аммо овози нарму лаҳни гуфтори милиса писандам омад, ба ҷуз як иборае, ки мутаассифона, беҳудаю баҳуда ба забон оварданаш маъмул шудааст. Номбурда ба хотири сулҳу салоҳ даровардан миёни ду «хурӯсҷӯҷа»-е ҳарифи насиҳатшунавашро дар назар дошта, «хайр, тоҷики мо беақлай» гуфту тарбузи эҳтиромамро нисбаташ аз бағалам афтонд. Ҳол он ки гуфтан мумкин буд, ки «хайр, фалонӣ беақлӣ кардааст, ту вазнин бош» ва амсоли он. Халқу миллат ба моҷарои ду тане, ки ба арзи тангаи зардаке барои миллату Ватан хизмат накардаанд, чӣ дахле дошта бошад, намефаҳмам? Фарз кардем, муаллифи ҳамин мақола, ё ҳамон милиса, ё ҳамон ҷавони беодобу бетамиз беақланд. Баъд чӣ? Оё аз рӯи инсоф аст, ки тамоми халқ, миллатро беақл ҳукм кунем? Гулистон бехор намешавад. Оғоз аз оилаҳо то ҷомеа, дар ҳама ҷо ёфт мешаванд шахсоне, ки доғе дар боғи миллатанд. Дар дигар халқу миллатҳо ҳам чунин аст. Чуноне русҳо мақоле доранд, ки оила бе «урод» намешавад». Бинобар, касе, ҳатто агар алломаи замон бошад ҳам, ҳаққу ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки миллатро паст занад, таҳқир кунад, аз номи миллат, унвони миллат ҳар чӣ ки ба сари гиҷаш биёяд, ба забон биёрад. Паст задан ва таҳқир кардани миллат аз тарафи худамон магар нишонаи боақливу бофаросатист? Ё таҳқирҳои беохири бегонаҳо камиамон мекарда бошад? Тавре дар урфият мегӯянд, “кал бошӣ, аввал сари худро табобат кун”. Ба мардум чӣ кор дорӣ? Ҳамчунин, ибтидо фарҳанги гуфторро омӯхтан лозим, чаро ки забонро гӯшти беустухон гуфтаанд. Кадом тарафе, ки кас хоҳад, печу тобаш медиҳад. Табиати бархе касон чунин аст,

ки худро аз ҳама доно тасаввур карда, гуфтаи худро дуруст мешуморанд, бехабар аз сесаду шасту шаш паҳлӯ доштани як сухани одӣ. Мисли «норафта ба мактабею н-омӯхта сухан, Аз каҷравии замона домулло шуд». Мавриди сухан гуфтан гоҳо ақлкостае ҳам чунон суханҳое мегӯяд, ки дар ҳайрат мемонед. Дилхоҳ одами ҳатто маълумоти миёна надошта, хусусан, баъзе занҳои мо қодир ҳастанд, ки аз саҳар то бегоҳ монда нашуда гап зананд. Вале аз ин ҳама чӣ суде барои ӯву дигарон ва ниҳоят ҷомеа? Куҷо вохӯрдаед, ки одами дар ҳақиқат хондагӣ, соҳибмаълумоту дониш, бофазлу фарҳанг бисёру беҳуда ва баланд гап занад ё барои ҳаққонияти суханҳои худ бо аблаҳе дар баҳс шавад? Бадбахтии касоне, ки нутқашон нуқсҳои зиёд дорад, аз китоб, маърифат дур буданашон ҳаст. Иддае тӯтивор оёту сураҳои “Қуръон”-и маҷидро азёд намуда, аз байту ғазалҳои шоирони классик суханро пардоз дода, худро ҳамадони замон мепиндоранд ва ноогоҳона аз таърихи миллат номҳои зебо ва сирф қадимаи тоҷикӣ, ҷашну анъаноти миллиро маҷусию кофирӣ ҳукм мекунанд, ки ин ҳам як навъ ҷоҳилӣ ва таҳқири миллат аст. Модоме ки ин қадар арабпарасту миллатбезоранд, пас, аз гуфтор бо забони тоҷикӣ, иқтибос аз шоҳбайтҳои тоҷикии эҷодкардаи дигарон даст кашанд. Ғайрат карда, ку аз ашъори шуарои араб байтеро азёд кунанду шарҳ диҳанд. Ё раванд ба ҳамон мулки араб, вақте ки ин қадар писандашон афтода, нависанд дар шиносномаҳояшон миллати худро араб. Наход, ки дигар ба охирин арабе, ки ҳеҷ қобили ибрат буда наметавонад, дар таъзиму ибодат бошем? Боз ин ки на ҳамаашон исломро қабул доранд ва агар дошта бошанд ҳам чӣ? Ё ғайри арабҳо дигар миллати мусалмон дар ҷаҳон вуҷуд надорад? Худи арабҳо ба якдигар меҳру муҳаббат ва аз лату кӯб, таҳқиру катл шудани ҳаммиллатони худ аз ҷониби аҷнабиён парвое надоранд. Бубинед, ки чӣ қадар аҷнабиён хоки арабҳоро бехта, хуни арабро бо дасти араб рехта истодаанд. «Мӯъмин бародари мӯъминаш» магар ҳамин аст? Пас, чӣ ҷои ибрат буда метавонанд онҳо? Дигар ин ки бе арабҳо ҳам мо, тоҷикон шарт аст, ки ба ягон миллати дигари рӯи дунё ҳатман дар тақлиду пайравӣ ва саҷда бошем? Ё Худо тоҷикамон офарида, ақлу тамиз, фаҳму фаросатамон надодааст? Дар ҷумҳурӣ тамоку кашидан, арақ нӯшидан барин

амалҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълон кардаанд. Пас, чаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз сару дили худ ташвиқу тарғиби бегонапарастӣ аз ҷониби баъзе бузургтарошон пешгирӣ намегардад? Ҳамчунин, дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, бахсусус, ба ҷавондухтароне вомехӯрем, ки аз тарзи либоспӯшии аҷаби онҳо, мӯйҳои қиргуни ба ранги нимазарду нимасафед табдилдодаашон ба тоҷик буданашон шубҳа мекунед. Бар замми ин, аз забони тоҷикӣ ҳазар карда, бо ифтихор ба забони русӣ бо ҳамдигар дар суҳбат мешаванд ва номҳои зебои тоҷикии Гулнора, Гулчеҳра, Гуландом, Зебуннисо, Зулфия, Зарнигорро шикаста, аз онҳо «Гуля», «Галя»,«Зуля, Зулочка, Заря» ва шабеҳи он номҳо месозанд. Модоме ки аз тоҷикию тоҷикият ор доранд, падару бобоҳояшон, модару бибиҳояшонро низ талқин кунанд, ки ба ҷои ҷомаву тоқӣ фуражкаю спортивка, ба ҷои куртаю лозима, кофтаю юбкаю миниюбка пӯшида гарданд. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки аллакай ҷавонони дар зери таъсири ҷараёнҳои иртиҷоии динӣ ва сиёсати хориҷиён ба василаи таҳсил дар макотиби ғайритоҷикӣ монда, талаботи зайлро назди падару модарони худ гузоштаанд. Дар урфият мегӯянд, ки «ғайбати худӣ меҳри бегонаро кам мекунад». Бе ин ҳам бегонаҳо ҳаргиз ба мо меҳре дар ҳеҷ давру замоне надоштанду ба қавли Ҳофиз «ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард». Натиҷаи чунин сухан гуфтану амалкардҳои худи мост, ки дар гуфтугузори мардуми рус вожаи «таджичит» ба ҷои «ишачит», яъне, «тоҷик барин, хар барин кор кардан» пайдо шудааст. Дар гуфтори худи мо бошад, «тоҷикиш кун» хеле маъмул шудааст. Агар иштибоҳ нашавад, «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро на аз арабҳо, на аз урусу туркҳо нагирифтаем ва сирф эҷоди гузаштагони худамон аст. Аммо ку ҳамон некӣ дар пиндору кирдору гуфтори бархе ҳаммиллатон? Ифтихори миллию ватандориамон куҷо шудааст? Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо, Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Сар карда аз роҳбарияти СММ, Президенти ИМА, вазирони мудофиаи ИМА-ву Бритониё то фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аз баргузории интихоботи президентӣ изҳори хушнудӣ карда, мардуми афғонро табрик гуфтанд. Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, ки дар як мактаби назди қасри президент раъй дод, таассуроташро чунин баён кард: «Бародарону хоҳарони мо аз саросари кишвар бо вуҷуди ҳавои сарду боронӣ ва эҳтимоли таҳдид ба интихобот ҳозир шуда, қадаме ба сӯи ояндаи худ ва муваффақияти кишвари азиз гузоштанд». Воқеан, интихоботи панҷуми апрели Афғонистон на танҳо фаъолнокии сиёсии мардуми афғонро ба ҷаҳониён нишон дод, инчунин, маълум кард, ки нерӯҳои ин кишвар (артиши миллӣ, полис ва хадамоти махсус) метавонанд амнияти ватанашонро таъмин кунанд. «Толибон» натавонистанд, амалиёти хунинро роҳандозӣ намоянд, балки таҳдидҳои онҳо дигар мардуми аз ҷангу кашмакашҳои тӯлонӣ хасташударо натавонист монеи ба интихобот рафтан шавад. Мардуми афғон, ки ба хотири муайян намудани сарнавишти худ, хоса осоиштагиву амнияти кишварашон ба назди сандуқҳо рафтанд, қаҳрамонии бемисл нишон доданд. Зеро ин интихобот аз ду интихоботи қаблӣ дида, овоздиҳандагони бештареро фаро гирифт. Тибқи муқоисаи таҳлилгарон иштироки интихобкунандагони панҷуми апрели Афғонистон аз интихоботи соли 2009 ду маротиба зиёд будааст. Онҳо чунин нишондоди фаъолнокии овоздиҳандагонро падидаи беназир дар таърихи Афғонистон хондаанд. Гуфта мешавад, дар интихоботи мазкур 7 миллион аҳолӣ ширкат карданд (аҳолии кишвар 28 миллион арзёбӣ мешавад, ки аз он 13 миллионаш ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд). Тибқи иттилои хабаргузориҳои маҳаллии Афғонистон чизи аз ҳама хурсандиовар ва сутуданӣ иштироки зиёди занон ва ҷавонон дар интихобот будааст. Мушоҳидон гуфтаанд, ки 5 апрел на танҳо дар Кобул, инчунин, дар шаҳру навоҳии дигар, балки манотиқи ҷануби кишвар, ки аслан таҳти нуфузи «Толибон» қарор доранд, шаҳрвандони Афғонистон пушти дари ҳавзаҳои интихоботӣ саф ороста, барои раъй додан навбат мепоиданд. Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи президентии Афғонистон 8 номзад ширкат доранд. Вале таҳлилгарон танҳо се нафари онҳо – Абдулло Абдулло, Залмай Расул, ки ҳар ду ҳам дар гузашта вазири хориҷаи ин кишвар буданд ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири молияи Афғонистонро муваффақтар меҳисобанд. Тибқи Қонуни асосии Афғонистон роҳбари давлат ҳамоне интихоб мешавад, ки беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст биёрад. Аммо таҳлилгарони умур ҳам аз хориҷ ҳам аз дохили Афғонистон бар ин назаранд, ки ҳеҷ яке аз номзадҳо миқдори овози даркориро дар даври аввал гирифта наметавонанд ва баргузории даври дуюми интихобот ногузир аст. Намояндаҳои Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон ва Вазорати умури дохилаи он гуфтаанд, ки интихоботи панҷуми апрел дар 6 ҳазору 212 ҳавза баргузор шудааст, ки 90 дарсади теъдоди умуми ҳавзаҳоро ташкил медиҳад. Бо сабабҳои амниятӣ дар 211 ҳавза интихобот баргузор нашудааст. Интизор меравад, натиҷаи интихобот баъди ду ҳафта, яъне, 24 апрел эълон шавад. Аммо, бо гумони ғолиб президенти ояндаи кишвари ҳамсоя дар даври аввали интихобот муайян нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, даври дуюми он низ баргузоршуданист. Санаи даври дюмро нимаҳои моҳи май муқаррар кардаанд. Дар маҷмӯъ, аз он чӣ ки панҷуми апрел дар Афғонистон доир шуд, чунин хулоса метавон ҳосил кард: а) мардуми афғон ба хотири сарнавишти худ ва суботи кишварашон ҳатто аз таҳдиду хатари марг ҳам бим надоранд; б) нерӯҳои миллии Афғонистон қодиранд амнияти кишварашонро таъмин намоянд; в) демократияе, ки дар Афғонистон аст ва ва фаъолнокии сиёсие, ки мардуми он доранд, шояд дар ҳеҷ як кишвари дигари Осиёи Миёна мавҷуд набошад!

Мирзо РУСТАМЗОДА, “ҶТ”

Башир УСМОНОВ, «ҶТ»

Интихоботи Афғонистон чӣ сабақ дошт? Интихоботи президентӣ дар Афғонистон 5 апрел баргузор шуд. Ин сеюмин интихобот дар таърихи ин кишвар аст. Бо вуҷуди таҳдидҳои «Толибон», ки мегуфтанд, ҳавзаҳои интихоботиро зери ҳамла қарор медиҳанд, ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудани мардуми афғон ҳам дар худи ин кишвар, ҳам дар ҷаҳон, хусусан, аз сӯи қудратҳои ғарбӣ гарм истиқбол гардид.

11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

Ба зоти худ надорад миллате айб

НАБЗИ ҶАҲОН

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАТАНДОРӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

12

НИММАРАФОН

ГӮШТИНИ ЮНОНӢ-РИМӢ

Варзишгарони Душанбеву Суғд қаҳрамонҳои нави гӯштини юнонию румӣ Дар мусобиқаи қаҳрамонии мамлакат оид ба гӯштини юнонию румӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, беш аз 100 варзишгар ширкат карданд. Мусобиқа дар 8 вазн 6-7 апрел баргузор шуд. Дар панҷ вазн паҳлавонони Душанбе ва дар се вазн варзишгарони вилояти Суғд ҷойҳои аввалро ишғол карданд: Азизбеки Шарифзода (59 кило, Душанбе-1), Нуъмон Ризоев (66, Суғд-2), Некрӯз Мирхоҷаев (71,

3500 доллар ба ғолиби ниммарафони V

ФУТБОЛ

19 апрели соли равон ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе ниммарафони V байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тасвиб расид. Бо супориши раиси шаҳр барои ин мусобиқа 202 412 сомонӣ ҷудо мегардад. Иштирокчиёне, ки ҷойҳои 1 то 6-ро ишғол мекунанд, байни мардҳо ва занон дар алоҳидагӣ бо мукофоти пулӣ сарфароз карда мешаванд. Ғолибон ми-

ёни занону мардон барои ҷои якум - 16837 сомонӣ ё 3500 доллар, ҷои дуюм 14431 сомонӣ ё 3000 доллар, ҷойи сеюм - 12026 сомонӣ ё 2500 доллар, ҷойи чорум - 9621 сомонӣ ё 2000 доллар, ҷойи панҷум - 8659 сомонӣ ё 1800 доллар ва ҷойи шашум - 7216 сомонӣ ё 1500 доллар дарёфт хоҳанд кард.

ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО

Шикасти чоруми “Равшан” дар Ҷоми КФО-2014 Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ аз “Зат Рас”-и Урдун бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуда, новобаста аз натиҷаҳои ду бозии баъдӣ аз иштирок дар даври дигар маҳрум шуд. Ин дидор дар чорчӯби даври чоруми Ҷоми КФО-2014 (гурӯҳи “А”) 2 апрел дар шаҳри Уммони Урдун баргузор гашт. Бозии аввали ин дастаҳо 18 март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи “Зат Рас” анҷом ёфта буд. Дар даври панҷум “Равшан” бо дастаи “Сувайк”-и Уммон имрӯз - 10 апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ рақобат мекунад.

Душанбе-3), Нурулло Ҳасанов (75, Душанбе-3), Далер Каримов (80, Суғд-2), Манучеҳр Аллаев (85, Душанбе-1), Ҳабибулло Абдуллоев (98, Душанбе-1), Муродҷон Тӯйчиев (130, Суғд-1). Баҳром Орифов, сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини

юнонию румии ҷумҳурӣ ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, аз рӯи натоиҷи мусобиқа ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Чемпионати Осиё, ки 23-27 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

ДЗЮДО

Як медали тиллои наврасон дар Ҷоми Аврупо Темур Раҳимов, варзишгари кишвар дар Ҷоми Аврупо оид ба дзю-до байни наврасон медали тилло ба даст овард.

10 даста иштирокчии Лигаи олӣ Ҷадвали бозиҳои марҳалаи аввали Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими 2014 тасдиқ шуд. Ин мавсим дар лигаи олӣ 10 даста - «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Энергетик» (Душанбе), КМВА «Помир» (Душанбе) ва «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) ширкат мекунанд. Даври аввали марҳилаи якум 12 апрел шуруъ шуда, 21 июн бо бозиҳои даври даҳум хотима меёбад. Дар даври якуми Чемпионати ХХIII Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 12 апрел «Далерон-Уротеппа» бо «Энергетик», «Истиклол» бо «Регар-ТадАЗ», 13 апрел «Худжанд» бо «Вахш», КМВА «Помир» бо «Хайр» ва «Равшан» бо «Парвоз» рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа, ки 5-6-уми апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, 302 варзишгар (писарону духтарони солҳои таваллудашон 1997-1999) аз 23 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзю-дои Русия, инчунин, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 21 дзю-дочии наврас, аз ҷумла, ду духтар ва се мураббӣ аз макотиби варзишӣ ва бошгоҳҳои Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъиятҳои тоҷикони Твер ва Иркутск шомил буданд. Темур Раҳимов баъди ду пирӯзӣ бар Кебан Николай (Молдова) ва Иван Тачков (Русия), дар даври нимниҳоӣ бар Акош Жоо (Маҷористон) ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дамир Салюков (Русия) дастболо шуд. Ёдовар мешавем, Темур Раҳимов моҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзю-до байни наврасони солҳои таваллудашон 19971999 дар Туркия медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Русия бо 13 медали тилло, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ сазовори ҷои аввал шуд. Дастаи мунтахаби Маҷористон бо як медали тилло ва ду медали биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки як медали тилло (инчунин, 2 ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум) гирифт, мақоми сеюмро соҳиб шуд. Дастаи Украина бо як медали тилло ҷойи чорумро аз худ кард.

РУШДИ ВАРЗИШ

e-mail: javonontj@mail.ru

Бозиҳои варзишии Хатлон оғоз ёфт

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бахшида ба 20-солагии рӯзи қабули Сарқонун Бозиҳои варзишии вилояти Хатлон аз рӯи 10 намуд - гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи юнонию румӣ, самбо, гӯштини тарзи озод, дзю-до, бокс, варзиши сабук, баскетбол ва волейбол шуруъ шуда, дар ду марҳила баргузор мегардад. Марҳилаи якум моҳи март дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир шуд. Ғолибон барои иштирок дар марҳилаи дуюм роҳхат гирифтанд. Марҳилаи дуюм 1-2 апрел дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мусобиқаи гӯштини миллӣ оғоз шуд. 51 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷиликӯл, Қубодиён, Ҷалолиддин Румӣ, Бохтар, Вахш, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон дар 9 вазн миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа, Кишвар Раҷабов (вазни 55 кило, Қӯрғонтеппа), Наҷибулло Ҳабибуллоев (60, Қӯрғонтеппа), Сорбон Ашӯров (65, Ёвон), Каримдод Убайдов (70, Қубодиён), Тоир Девонақулов (75, Вахш), Одилҷон Исмонов (80, Қӯрғонтеппа), Искандар Ашӯров (86, Ёвон),

Амриддин Нуреков (95, Ҷомӣ) ва Ҷаъфар Саидов (+95, Ҷомӣ) дар вазнҳои худ сазовори ҷои аввал ва барои иштирок дар Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди гӯштини миллӣ, ки моҳи май дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. 3-4 апрел мусобиқаи гӯштини юнонӣ-румӣ баргузор гардид. Дар он 41 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа, аз рӯи вазнҳои алоҳида варзишгарони зерин сазовори ҷои аввал гашта, барои иштирок дар Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат гирифтанд:

Аюбхон Расулов (вазни 59 кило, аз ноҳияи Бохтар), Маҳмадраҷаб Расулов (66, Бохтар), Алимаҳмад Расулов (71, Бохтар), Равшан Тағоев (75, Қӯрғонтеппа), Диловар Бобоев (80, Қӯрғонтеппа), Азизхӯҷа Расулов (85, Бохтар), Юсуфҷон Назаралиев (98, Қӯрғонтеппа), Асомиддин Раҷабов (130, Қӯрғонтеппа). 5-6 апрел мусобиқа оид ба гӯштини самбо доир гашт. Дар он 64 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа миёни ҳам рақобат карданд. Абдулҳамид Маҷидов (вазни 52 кило аз шаҳри Сарбанд), Муҳаммад Раҳимов (57, Ёвон), Саймурод Одинаев (62, Вахш), Бахтиёр Мирзоев (68, Қӯрғонтеппа), Ҳотамшо Имомов (74, Ёвон), Нусрат Имомов (82, Ёвон), Азиз Азимов (90, Сарбанд), Саидҷон Маҳмудов (100, Румӣ) ва Музаффар Назаров (+100, Қӯрғонтеппа) ғалаба карда, ба Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора Ҳамза Бобоев, мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод.


Ба ақидаи сарвари ҷавонони ноҳия ва собиқадорони соҳаи варзиши минтақа варзишгарони ҷавони Ванҷ бояд малакаҳои ҳосилкардаи худро боз ҳам сайқал диҳанд ва дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, танҳо ғолибият ба даст оранд. Ба мисли Хушқадам Хусравов, ки анъанаҳои пуршарафи паҳлавонони номдори ванҷиро идома дода, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок ва ғолибият ба даст меорад ва дар вазни худ аз рӯи гӯштини тарзи самбо ба гирифтани унвони баланди ҷаҳонпаҳлавонӣ сарфароз гардидааст. Бо мақсади аз ҳолату вазъият ва кори имрӯзаи толори варзишии «Вастан» воқиф гардидан, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз вориди он гардидем. Дар толори кушоду барҳаво ва тозаву озода ва бо шиору

Дари «Вастан»-ро барои ҷавонон ҳеҷ гоҳ набастаанд

овезаҳо басе дилкаш ва диданӣ орододашуда бештар аз панҷоҳ нафар наврас ва ҷавонро мураббиёнашон машқ медоданд. Аз директори толори «Вастан», паҳлавони номӣ, ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳурӣ оид ба гӯштини тарзҳои миллӣ ва самбову дзю-до, Устоди варзиши дараҷаи Иттиҳоди Шуравӣ Содиқ Боқиев, ки мунтазам бо ҳамроҳии ёрдамчиёнаш ба машқу тамриндиҳии шогирдон машғул аст, дар хусуси фаъолияти толори «Вастан» пурсон шудем. - Ба хотир меорам, ки даврони кӯдакӣ ва наврасии мо дар регзорҳои соҳилҳои Ванҷоб гузаштааст. Он вақтҳо фақат дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ аз устодон дар регистонҳо ва заминҳои шудгоршуда машқи гӯштин мегирифтем. Ҳеҷ боварамон намеомад, ки рӯзе мерасад, шароит ва имкониятҳои наврасон ва ҷавонони варзишгар ба куллӣ дигар мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар

ҳоло дар Бадахшон, аз ҷумла, ноҳияи Ванҷ ба рушди ин соҳа бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат аҳамияти калон медиҳанд. Танҳо дар ноҳияи Ванҷ тайи солҳои истиқлолият ду варзишгоҳи замонавӣ сохта шудааст. Директори толор хоҳиш кард, ки эҳтироми самимӣ ва сипосгузории шогирдон ва волидайнро ба соҳибкор,

ҷавонмарди саховатпеша ва ҳимматбаланд Нуралӣ Шарифов аз тариқи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” расонем. Вай дар муддати кӯтоҳ, ба мушкилоти дурии роҳи Душанбе- Ванҷ нигоҳ накарда, як толори зебо ва дорои шароиту имкониятҳои хуби машқу тамринро бунёд кард. Акнун ҷавонони Ванҷ гарм шудани ҳаворо интизор намешаванд, ба регистонҳо ва майдонҳои шудгоршуда ва хирманҷойҳо намераванд, кӯчагардӣ намекунанд. Дар толори варзишии «Вастан» ба мисли дигар минтақаҳои кишвар бисёр шароиту имкониятҳои машқ муҳайё гаштааст. Мавриди зикр аст, ки бо бунёд гаштани Нерӯгоҳи барқи обии «Ванҷ-2» мушкилоти норасоии барқ дар давраи сармои имсола аз миён бардошта шуд. Дар машқгоҳ гармкунакҳои пуриқтидори барқӣ гузоштаанд. Инчунин, толор дорои утоқҳои дамгирӣ, либосовезӣ ва ҳаммом буда, бо дигар таҷҳизоти зарурӣ низ ҷиҳозонида шудааст. Тайи шаш

моҳи мавриди баҳрабардорӣ қарор доштанаш толор ҳамарӯза аз субҳ то шом дарҳои кушода дорад. Ҳатто бачаҳои панҷу шашсола низ шавқу ҳаваси ба он ворид шудан, ба болои гилемҳо набароянд ҳам, тамошо кардани машқу тамрини бародаронашонро доранд. Толори варзишии «Вастан» барои баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ хеле созгор аст. Ин ҷо чорабиниҳои варзишии зиёд доир мегарданд. Аз ҷумла, мусобиқа миёни толорҳои варзишии «Вастан»-и ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва шаҳри Душанбе хеле хотирмон баргузор гардид. Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни Наврӯз ин ҷо мусобиқа аз рӯи гӯштини тарзи дзю-до байни наврасони мактабҳои ноҳия доир шуд, ки бештар аз 200 нафар иштирок карданд. Дар оянда гузаронидани мусобиқаҳои дигар низ ба нақша гирифта шудааст.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН

Ӯ орзуи муаррифии кишварро дорад Меҳрбахш Давлатов, варзишгари ҷавон соли 1991 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Ҳанӯз аз овони наврасӣ ба варзиш шавқу рағбати беандоза дошт. Ҳарчанд хурд буд, дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо нафарани аз худаш калонсол сабқат мекард. Шуҷоату нотарс буданаш ба ӯ пайваста умед мебахшид. Инро ба инобат гирифта, баъди хатми мактаб, соли 2010 волидон Меҳрбахшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар ба номи Саидмуъмин Раҳимов оварданд. Маҳорат ва чолокиаш кӯмак намуд, ки ба осонӣ аз имтиҳон гузарад. Ҳоло ӯ донишҷӯи курси чоруми факултаи варзиши ин донишкада аст. Меҳрбахш Давлатов дар баробари таҳсил, инчунин, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, парчами кишварро боло бардошта-

аст. Хусусан, дар мусобиқаи Осиё, ки бо иштироки намояндаҳои кишварҳои қитъа дар вилояти Суғд барпо шуд, сазовори ҷои дуюм гашт. Ба ҷуз ин, дар чорабиниву мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баромад карда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Солҳои 2012-2013 Чемпиони ҷумҳурӣ дар гӯштини самбо шудааст. Ичунин, аз ҳамин навъи варзиш ноябри соли гузашта сазовори ҷои дуюм гардидааст. Дорандаи чанд медалу ифтихорномаҳост. Ӯ орзу дорад, ки дар мусобиқоти

сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ҳамчун як ҷавони варзишгар кишварро муаррифӣ намояд. «Бароям ифтихор аст, ки ба варзиш машғул шудам. Инро аз кӯдакӣ орзу мекардам. Барои он ифтихор аст, ки имкон аст, ки тавассути ту боре ҳам бошад, дар берун аз кишвар парчами давлатат боло шавад, номи кишварат гирифта ва Суруди миллӣ садо диҳад», - мегӯяд Меҳрбахш Давлатов.

М. САИД, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар як суҳбат мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ Масрур Миров изҳор намуд, ки сокинони ин диёр, алалхусус, ҷавонон хеле миннатдор ва сипосгузоранд, ки дар доираи идомаи иқдомҳои ободкорӣ ва бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Ванҷ толори варзишӣ бо номи зебои авестоии «Вастан» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

13

ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

14

НАЗМИ БАҲОРӢ

Шоираи РАҲИМҶОН

Безорӣ

Ватан Чӣ қадар васф шудӣ, Ки маро ҳарф набошад. Чӣ бигӯям, чӣ тавонам? Кӣ сазовор ба номат шуда бошад! Чӣ бигӯям? Ки дар он ҳарф таҷассум бинамоям ҳаяҷонам, Чӣ дигар тоза биёрам бари он суфра, ки қадре Ба сукунат ба танам печ хӯрад риштаи ҷонам. Ай Ватан! Ман ҳамин ҷо, ба ҳамин дам Гиря дорам, Ки фақат лаҳзае аз вақти тасаввур, Ки шудам дур, Зи канори ту, манам зиндаи дар гӯр! Нотавонам, Натавонам биравам фосилае дур. Бирасам то дари ғурбат ба яке, Манаму қофилае шӯр. Ту, ки армони манӣ, Ту, ки ин зиндагии бесарусомони манӣ. Беҳтарин ваъдаи сомони ман он ҷост, ба сарманзили дур, Ман вале ҳеҷ натонам биравам то дари даҳлези сари гӯр. Ту маро пораи ҷонӣ, Ту азизию азизона бимонӣ, Ай Ватан! Пораи лахти ҷигарам, Дар баҳори ту фақат гулбасарам.

Хостгори марг

Шеъри нав

Шустушӯ кардаам аз шиша ғубори ғами ту, Нест дар боғи дили зор баҳори ғами ту. Бурдаам турбати армонии ишқи туву боз Мурдаи васли туро то ба мазори ғами ту. Мафикан дом сари роҳи мани пухта дигар, Нашавам сонияе сайди шикори ғами ту. Гарчӣ бекор бигардам сари сад кӯча, вале Наравам то сари анҷом ба кори ғами ту. Дили ман хаставу бемору хамӯшу сард аст, Нарасад бо ҳама ин бор ба бори ғами ту. Майи лабҳои туро нӯш насозам боре, Гарчи мемирам аз ин дарди хумори ғами ту.

Марҳабо баҳор! Марҳабо, бар кишвари мо, ай баҳори нозанин, Гул зада бар мӯю доман, ай арӯси маҳҷабин. Аз қадамҳоят, бубин, боғи дилам гул мекунад, Булбуле ёд аз гулу гул ёди булбул мекунад. Тифлакони нозанин қоқу баранд аз доманат, Пайки сарсабзи биёрад сабзаи пироҳанат. Ай баҳори сабзпӯшу ай умеди зиндагӣ, Оварам бо рӯзи нав бахти сафеди зиндагӣ...

Гавҳари ӯ суфта резад аз қалам, З-оби шеъраш сабз мегардад Аҷам. Лаҳни шеъраш мавҷи дарё мезанад, Табли зарбиро чи воло мезанад. Масти Мавлоно ғазалхон омада, Дар замини хушкдил ҷон омада. Дарди ӯ дарди Ватан бошад мудом, Дарди дигар пеши ӯ хушк асту хом.

Бузургмеҳри ҲАКИМ, хонандаи литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат

Ман шунидам, ки варо дар ҳар диёре дидаанд, Буд андар ҳар диёре, дар диёри ман набуд.

Раҳоӣ Ин ҷодае, ки сард буд, Имрӯз гарми лолаҳост. Андар лабонам сабр, оҳ, Завлонадори нолаҳост.

Ӯ дар набарди зиндагӣ аз ҷон-ш гашта сер, Чашмаш ба ҷониби дуру гӯшаш ба ҳар садо. То ки шамоли марг дарашро бикӯбад, ӯ Оғӯш баркушояду гӯяд, ки «Марҳабо!»

Ғам аз дарам шармиду рафт, Шодӣ бичарбад бар танам. Хушбахту хушрӯзам, аҷаб Як бонуи хубе манам!

ДОВТАЛАБ - 2014

Ҷавонони Рашт ба 30 мактаби олӣ ҳуҷҷат супориданд

Осими ОҚИЛ

e-mail: javonontj@mail.ru

Шеър ишқ он ошиқи таҳқиқдил, Гул кунад дар оташи шеъраш Халил.

Ҳамчу Маҷнун интизорӣ мекашидам солҳо, Лайлии бе нангу орам, интизори ман набуд.

Имрӯз чун дирӯз нест, Фарёду оҳу дард ку? Ҳамбистарам бо марди дил Фарсудаботин мард ку?

Шодам аз он ки даври гулу ёсуман расид, Бар ҳар димоғ накҳате аз настаран расид. Даймоҳ рафту ғунчаи армони дил шукуфт, Булбул ба лаб навои хуше бар чаман расид. Хуршеди лоязол ба сӯи замини сабз, Гуфто: садои шукри ту бар гӯши ман расид.

Буд Маҷнун шоири испедгӯ, Дар фироқи Лайлии маҳтобрӯ.

Ҷони худ қурбон намудам дар раҳи ишқаш, вале Дарк кардам оқибат, он ёр ёри ман набуд.

Дар пайкараш диле, ки зи сардист беҳавас, Тарзи нигоҳи чашмон орӣ зи меҳри гарм. Тунданд ҳарфҳош ба ҷои каломи хуш, Сархам ба рӯи пайкари осӣ зи рӯи шарм.

Даври гулу ёсуман расид

Ҳаст дарё шеъри ширинрӯзи мо, Аз азал ӯ буд чун Наврӯзи мо.

Ман шудам бемор, ёрам дар канори ман набуд, Зардрӯ ҳамчун хазон гаштам, баҳори ман набуд.

Имрӯз барги ғусса рехт, Бемори ғамҳо нест, нест. Боғи аламҳо сӯхт, сӯхт Дигар ситамҳо нест, нест.

Даймоҳи урён бигзарад, боди баҳор ояд ҳаме, Нахли умеди синаҳо, он гаҳ ба бор ояд ҳаме. Бо сад ҷаҳон розу ниёз, бо сад навои дилнавоз, Аз тарфи ҳар бому даре, савти ҳазор ояд ҳаме. Эй дил, мадеҳ худро ҷафо, баҳри нигори бевафо, Хоҳӣ, агар дар боз кун, худ бар канор ояд ҳаме. Соқӣ, маро маъзур дор, то лаҳзае гӯям сухан. Шояд ки рӯзе ҳарфи ман, ҷое ба кор ояд ҳаме. Осим, дилатро шод кун, шеъри наве эҷод кун, Ёри ту бо нозу адо, аз лолазор ояд ҳаме.

Ба Муҳаммадалии Аҷамӣ

Бемори ишқ

Як бенаво ба соҳили дарёи зиндагӣ, Наздики оби баҳри мурод аст ташналаб. Дар сар хаёли хом, дар он фурқати аҷал, Афтодаву лакот ҳаме хостгори шаб.

Ояд ҳаме

Исо РАҲИМ

Аз бозиҳои абр ба пайғоми навбаҳор, Бар гӯши хок хандаи ғулғулфикан расид. Осим дарида чодари андӯҳи синаро, Сармасти навбаҳор ба ин анҷуман расид.

Баҳор меравад Баҳори умри ман туӣ, биё, баҳор меравад, Хумори синаам туӣ, биё, хумор меравад. Даруни қалби беқарор қароргоҳи меҳри туст, Наоӣ бо қарори дил зи ман қарор меравад. Шарорҳои меҳри ту ба дидаам шарора шуд Шарорбахши чашми ман, биё, шарор меравад. Ҳазор шукри зиндагӣ, ки ишқ ҳамсарои мост, Ба ҳурмати навои ишқ, биё, ҳазор меравад. Савораи саманди худ ҳама бубин, ба ҳар раҳе, Яке аз он савор ман, биё, савор меравад.

Дар Донишгоҳи омӯзгории Рашт нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар фаъолият дорад. Нуқтаи мазкур минтақавӣ маҳсуб ёфта, довталабон аз шаш ноҳия ба қайд гирифта мешаванд. Тавре роҳбари он Иқболбӣ Аминова иброз дошт, довталабон ба 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, аз рӯйи 400 ихтисос ҳуҷҷат супорида, бо эшон суҳбат гузаронда мешавад. - Ҳар рӯз назди мо беш аз сад нафар довталаб аз ҳар гӯшаи минтақа барои ба қайд гирифтан ҳозир мешаванд, гуфт зимни суҳбат Иқболбӣ Аминова. - Бо ҳар кадом суҳбат гузаронда, оянда кӣ шудани онҳоро мепурсем. Пас, тавсия медиҳем, ки ба кадом муассисаи таҳсилоти олӣ ҳуҷҷат супоранд. Дар нуқтаи мазкур ҳамроҳи Иқболбӣ Аминова панҷ нафар мутахассиси соҳибмаълумот кору фаъолият намуда, дар интихоби дурусти касб ба ҷавонон саҳм мегузоранд.

Мирзосафар РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт


Ѓилофи пахта

Муассисаи љазодињї ва њалли бањсњо

Ба ихтиёри Њайвони касе додан дарранда

… Капур, ситораи кинои њиндї

Педагог ва нависандаи рус

Тез, мазаи ќаланфур

Марз

Воњиди ченаки масоњати замин (4047 м)

Њарфи дар илми риёзї серистеъБозии мол рўимизии љопонї

Пайѓамбари зебо

Дарзмол

Замон

Тамѓаи мошини боркаш

Византия

Нотавонї, сустї

СММ бо забони русї

«Ѓиёс... –луѓот» Худои некии зардуштия

Сангдил, сахтдил, берањм,

ДаБарахти родар ангур

Пойтахти Чили

Амир, султон Устухони моњї

Ногањон, банохост

Мошини сабукрави Олмон

«Шоњ»и паррандањо

Рафиќ, љўра

Шеър

Намояндаи амир

Эпоси ќирѓизњо

Тунду тез, асабонї

Паррандаи шикорчї

Санљидан, таљриба кардан

Даста, команда

Зоти мори печон Нонпаз, нонфурўш

Байнан…айн

Барномаи Макаревич дар ТВ

Адабиёт, риёзї ё таърих

Асбоби мусиќии тории калони секунљашакл

Навъи санъати тасвирї

Онро ба навзод мемо- Узангу нанд

Дарё дар Хорватия

Хурсанд

Њаёт (лотинї)

Хеши падарї Парлумони Исландия

Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

Падар (лањљ.)

Муќобили рўз

Ду мисраъ шеъри мустаќил

Љонишини ишоратї

«Љаноб»и эронї

Март, апрел, ...

Љавоби «не»

Инсоф, адолат

Њамеша

Шарму њаё

Матлаби пўшида

Киса Навъи якњарбаи шарќї

Ѓунљоиш

… Падуконе, ситораи кинои њиндї

Ихтисораи Љумњурии демократии Олмон (рус.)

Эњсоси ногувор дар љои латхўрда

Амонї, осоиш

Мањлули кимиёвї Номи маъмули мардонаи русї

Њоло, акнун

Хонум, бону

Кушода (лањљавї)

Оби минералї

Нашриёти "Шарќи ... "

Тамѓаи Бемории си- пойафзоли роятї варзишї

Маоши пиронсолону маъюбон

Тўтии думдароз

Тамоми мардум

Додар

Ла -… (театри опера дар Милан)

Тиреза, мўрї

… Абрахам, ситораи кинои њиндї

Њолу ...

Фаровон, бисёр Матои таги кўрпача

... у тўли дунё

Дузд (русї)

Тайёраи Антонов

«Пулс» ба тољикї Яке аз мазњабњои Ислом

Љуфт барои занак

Мўњтарам, арљманд

Ќитъаи калонтарин

Муќобили «тар»

Гўшти махсус тайёршуда

... Бусли, овозхони машњури њинд

Асари илмии донишљў

Модар ба забони шуѓнї

Назар, нигоњ

Адиб Рањим …

Унсури кимиёвии радиоактив

Нота Дарёчаи сунъї

Асбоби наќшакашї

Пашми одамї

… Басу, ситораи кинои њиндї

e-mail: javonontj@mail.ru

Давлат

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9337), 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Алло, утоқи машварати занон? - Бале, чӣ мехостед? - Ҳамин, педали тормози мошин аз тарафи рост аст ё чап?

САРМУҲАРРИР

***

Самариддин АСОЕВ

Дар боғчаи кӯдакон. Мураббӣ ба Мурод: - Ин хел суханҳоро нагӯ, зеро хеле ҳарфҳои қабеҳанд. Аз куҷо ин суханҳоро шунидӣ? - Падарам мегӯяд. - Охир ту намедонӣ, ки он чӣ маънӣ дорад. Барои ҳамин нагӯ. - Медонам. Ин маънои онро дорад, ки мошин боз вайрон шуд.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

***

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Як мумсик меҳмони мумсики дигар мешавад. Соҳибхона: - Ба пиёлаат чанд қанд андозам: чор ё панҷ? - Се то бас, аммо тавре онҳоро ба пиёла гузор, ки ман бинам.

Наврӯз ҚУРБОНОВ

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигор),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7452 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Заҳр Солҳо пеш дар Чин духтаре бо номи Лилӣ хонадор шуда, бо ҳамсар ва хушдоманаш дар як хона зиндагӣ оғоз мекунанд. Вале бо гузашти вақт андакандак миёни келину хушдоман сардӣ пайдо мешавад. Ин дар анъанаи мардуми Чин чизи бад маҳсуб шуда, мавриди танқид қарор мегирифт. Баъди чанд моҳи издивоҷ хона барои келину хушдоман дӯзахро мемонд. Рӯзе зани ҷавон барои бартараф кардани ин вазъияти нохушоянд ба назди як рафиқи падараш рафт, ки аз гиёҳҳо дору тайёр мекард. Дардашро фаҳмонда, аз дӯсти падараш хоҳиш кард, ба ӯ ягон маъҷуне диҳад, ки тавонад аз хушдоманаш халос шавад. Марди пир аз маҳлули чанд гиёҳ дору тайёр карда медиҳад. Мегӯяд: «Аз ин маҳлул давоми се моҳ ба хӯроки хушдоманат илова кун. Заҳр бояд кам-кам дода шавад, то касе пай набарад хушдоманатро ту куштаӣ. Дар ин муддат бо хушдоманат муносибататро беҳтар намо, лазизтарин хӯрокҳоро барояш омода кун».

АНДАРЗ

Лилӣ ба хона расида, зуд аз пайи гуфтаҳои марди дорусоз мешавад. Ҳар рӯз хӯрокҳои лазиз пӯхта, ба онҳо кам-кам заҳр илова ҳам мекунад. Касе шубҳа накунад гуфта, бо хушдоманаш муносибаташро беҳтару самимӣ ба роҳ мемонад. Баъди муддате хушдоманаш тамоман тағйир меёбад. Бо вуҷуди ин, бо Лилӣ чун бо духтари худ муомила мекард. Дар хона насими сулҳ мевазид. Зани ҷавон аз амалҳои анҷомдодааш сахт пушаймон шуда, тозон ба назди дорусози пир меравад. Аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои аз хуни хушдо-

манаш тоза кардани заҳр ба ӯ ягон доруи дигар диҳад. Лилӣ мегӯяд, «акнун намехоҳам хушдоманам бимирад. Кӯмак кунед!». Марди пир ба зани ҷавон, ки бо дидаҳои пуроб дар рӯ ба рӯяш меистод, бо табассум мегӯяд: - Духтарам, он чи ки ба ту додам, витамине беш набуд. Онҳо хушдоманатро намекушанд, балки қувват мебахшанд. Заҳри асосӣ дар майнаи ту буд. Ту ки бо хушдоманат созиш кардӣ, заҳр аз майнаат нест шуда, ҷояшро муҳаббат гирифт. Мувофиқи масали чинӣ: «Дасти гулдеҳ бӯйи гулро дар худ ҳифз мекунад». Шахси маҳбуб ҳам ҳамонест, ки ба дигарон муҳаббаташро нисор медорад!

- Э, бача модарат дар хона аст? - Бале. - Ана, ин шакалодро гир. Падарат дар куҷост? - Дар хона. - Ин хел бошад, шакалодро деҳ!

*** Зан ба шавҳараш: - Мо ҳеҷ вақт якҷо ягон ҷо нарафтаем. - Майлаш, пагоҳ вақти сатили партовро бурда партофтанам, туро ҳамроҳам мебарам.

ЭЪЛОН

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Набиев Сафаралӣ Сангаҳмадович (РЯМ 1230016352, РМА 245008618), ки дар Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 марти соли 2010 ба сабти давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Эътибор надорад

Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии №0373347, ки аз 20 июни соли 2007 дар ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, таҳти рақами 6121 ба номи Эргашов Абдулмаҷид сабт шудааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагии рақами 353602, дараҷаи «С», ки ҶДММ «20-солагии истиқлолият - 2011» аз 18 марти соли 2014 ба Нурализода Нуриддин додааст, эътибор надорад.

ҲАМДАРДӢ

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба корманди рӯзнома Мирзо Нуралиев нисбат ба даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба собик корманди рӯзнома Нӯъмон Низомӣ нисбат ба вафоти МОДАРАШ изҳори тасаллият намуда, ба ӯ ва аҳли байташ аз даргоҳи Худованд сабру таҳаммул хоҳонанд.

Javonon №15 (9337), 10.04. 2014  

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ