Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

1

№12 (9334),

20 марти соли 2014

Наврӯз хуҷастаю поянда бод!

ҳамкорӣ

Ҳасан Руҳонӣ Сироҷиддин Асловро ба ҳузур пазируфт

17 марти соли равон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт. С. Аслов паёми расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳасан Руҳонӣ супорид. Дар паём Президенти мамлакат зимни таъкид бар омодагии ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват ба амал овард, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиб боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд.

пешрафт

Фаъол шудани бахши арабии сомонаи Президенти Тоҷикистон

Сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – “www.president.tj” дорои бахши арабӣ ва шакли мобилӣ гардида, чорзабона шуд. Кунун хабару маълумоти таҳлилӣ доир ба фаъолияти ҳамарӯзаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмии “president.tj” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пешкаш мегардад. Ҳамчунин, шакли мобилии сомона фаъол гардид, ки барои ворид шудан аз телефонҳои ҳамроҳ ва планшетҳо мувофиқу осон аст.

кадр

Қонунӣ муовини Карзай таъин шуд

Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба ҳайси муовини аввали Раиси ҷумҳури ин кишвар таъин гардид. Қонунӣ аз тоҷиктаборони Афғонистон ва наздикони Аҳмадшоҳ Масъуд ба шумор рафта, дар гузашта ба ҳайси вазири умури дохилӣ, вазири маориф ва раиси парлумони кишвараш ифои вазифа кардааст. Ӯ дар ин вазифа Муҳаммадқосими Фаҳимро иваз кард, ки 9 март бар асари сактаи қалб аз дунё даргузашт.

Лаҳзаҳо аз мулоқоти вазирони туризми кишварҳои Роҳи абрешим

e-mail: javonontj@mail.ru

намоишгоҳи байналмилалии туристии «itb-berlin»


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

2

даъват - 2014

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2014 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои апрел-майи соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин, шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал мукаммалгардонии онҳоро бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд. 4. Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳру ноҳия масъул аст.

e-mail: javonontj@mail.ru

МУЛОҚОТ

5. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. 6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии муоинаи назорати тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 14 марти соли 2014, №177

Сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ афзудааст, аммо...

Суратгир Т. Фозилов

Тайи як ҳафтаи охир дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба ташкили корҳои ташвиқотӣ барои даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ силсиламулоқоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷавонону наврасон, волидайн ва қишри фаъоли ҷомеа доир гардиданд. Чунин мулоқот 14 марти соли равон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ноҳияи Сино бо иштироки муовини раиси кумита Мавсума Муинова сурат гирифт, ки дар он устодону хонандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд. М. Муинова дар оғози мулоқот роҷеъ ба амалишавии қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” баромада намуда, таъкид дошт, ки онҳо барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудаанд. Аммо номбурда аз он изҳори таассуф намуд, ки то ҳанӯз қонунҳои мазкур аз ҷониби баъзе шахсони алоҳида риоя намегарданд. Дар идома муовини раиси кумита ба мавзӯи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дахл намуда, изҳор кард, ки таҳлилҳои охир собит месозанд, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмат зиёд гардидааст. Зеро, ба андешаи ӯ, имрӯз сатҳу сифат ва шароит дар қисмҳои низомӣ

беҳтар гардидааст. М. Муинова аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои мусоид истифода намуда, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гарданд. Ҳамчунин, ҳамеша барои дифои Ватан ва марзу буми аҷдодӣ омода гардида, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд. Ба қавли М. Муинова имрӯз кулли макотиби олию миёна бо компютер таъмин буда, аксари онҳо бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд аз сайтҳои манфиатовар истифода намуда, савияи дониши худро боло баранд. Дар баромади худ ӯ волидайнро низ дар таълиму тарбияи фарзанд масъул дониста, таъкид дошт, ки онҳо низ набояд худро ҳангоми даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бетараф гиранд. Мавсума Муинова гуфт, дар баробари он ки тайи солҳои охир сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ афзоиш ёфтааст, аммо он то ҳанӯз кифоя нест. Зеро ҳангоми даъват қисме аз ҷавонон ба ҷои ба комиссариатҳо ҳозир шудан роҳи гурезро пеш мегиранд, ки ба

иҳотакунӣ ё “облава” оварда мерасонад. Дар доираи нақшачорабиниҳои кумита чунин мулоқот бо иштироки намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва бахши фаъоли сокинон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, миёни иштирокдорон пурсишу посух сурат гирифт. Аз ҷумла, аз ҷониби як сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби волидайн як комиссия таъсис ёфта, аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намоянд. Дар посух ба ин пешниҳод муовини аввали раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нурулло Алиев гуфт, чунин ташаббус аз ҷониби онҳо аллакай амалӣ шудааст ва як қатор волидайни наваскарон аз қисмҳои ҳарбии вилояти Суғд дидан карданд. Ин пешниҳод аз ҷониби муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова низ хуш пазируфта шуд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

РУШДИ ТУРИЗМ

Клуби ихтиёриёни туризм таъсис меёбад 14 марти соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков бо донишҷӯёни риштаи туризми ин донишкада баргузор гардид. соли дуюми факултаи туризм дар Руслан Шодиков иброз дошт, ки рафти мулоқот чунин андешаронӣ «мақсади асосии вохӯрӣ муайян накард: «Туризм яке аз соҳаҳои рушмудани самтҳои афзалиятноки рушдёбанда ва сердаромад мебошад. ди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мебоБарои рушди соҳаи туризм бояд шад. Ҳукумати ҷумҳурӣ туризмро минтақаҳои туристиро барои сайёҳон ҳамчун самти афзалиятноки рушди бештар пешниҳод кунем, хатсайрҳои иқтисодиёти миллии кишвар эънав омода созему сатҳи хизматрасолон доштааст. Барои ҳамин, нақши ниро нисбат ба солҳои пеш хубтар ба ҷавонон дар ин ҷода хеле зарур роҳ монем, чунки сайёҳон ба кишвааст. Мехоҳем, ки як гурӯҳ ё клури мо бештар ташриф биёранд». би ихтиёриёнро ташкил намоем, - Раёсати ҷавонон, варзиш, то донишҷӯён маҳорати худро дар сайёҳии шаҳри Душанбе тамоми шакли амалӣ бисанҷанд ва тамоми қувваи худро барои боз ҳам тараққӣ нозукиҳои соҳаро аз худ кунанд». кардани соҳаи сайёҳӣ равона карЗикр гардид, ки соли таҳсили гудааст. Мо дар пойтахт чанд озмуну зашта факултаи туризми донишкадасеминар бахшида ба туризм ва муро 50 кас хатм карда, 23 нафарашон Суратгир Т. Фозилов аррифии он ба ҷаҳониён доир надар ширкатҳои туристӣ кору фаъолимиёнаи кишвар, дараҷаи дониши мудем. Ҳамчунин, дар оянда нақша ят мекунанд. Гуфта шуд, ки масъалаи ҳалталаби мутахассисон ба талабот ҷавобгӯй дорем, ки чунин семинару озмунҳоро соҳаи сайёҳӣ норасоии мутахассисо- намебошад. Аксари онҳо бинобар идома диҳем, - гуфт сардори Раёсати ни болаёқат, алалхусус, роҳбаладҳо сабаби сатҳи пасти донишҳои касбӣ ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри мебошад. Бо вуҷуди таъсис ёфтани ва забонӣ дар бозори меҳнат мавқеъ Душанбе Аббос Саймиддинов. бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи намеёбанд. Шаҳриёр Одинаев, донишҷӯи туризм дар ҳафт макотиби олӣ ва Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»


Бо ташаббуси Академияи имлҳои ҷумҳурӣ бори аввал Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он зиёда аз 152 донишҷӯ – ғолибони даври аввали олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (байни донишгоҳҳо) ширкат карда, аз 12 фан дониши худро санҷиданд. - Мақсади асосии баргузории олимпиада дарёфти беҳтарин донишҷӯён, навоварон, ихтироъкорон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар институтҳои Академияи илмҳо мебошад, - иброз дошт президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов зимни ифтитоҳи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки 13 март доир шуд. Ба ақидаи Ф. Раҳимов донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки ба олимони шинохтаи ҷумҳурӣ шинос шуда, барои худ роҳбари илмӣ пайдо карда, самти тадқиқоти илмиашонро мушаххас намоянд. “Аз ҳама муҳимтар мо ба ғолибон барои дохил шудан ба магистратураву аспирантура роҳхат медиҳем”, - гуфт президенти Академияи илмҳо. Даври аввали олимпиада бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм аз 15 феврал то 1 марти соли ҷорӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар доир гардид. Даври дуюми он бо қарори раёсати АИ ҶТ аз 12 то 14 март дар институтҳои академия дар 12 соҳаи илм, аз ҷумла, математика, физика, астраномия, химия, геология, иноватсия, биология, иқтисодиёт, забону адабиёт, таърих ва фаласафа доир шуд. Рустам Мирзоев, сармутахассиси Раёсати илм ва маърифати

Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат зимни суханронӣ, аз ҷумла, гуфт: “Яке аз вазифаҳои аслии давлат ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба илм мебошад ва имрӯз ин иқдоми пешгирифтаи Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм ба дарёфти чеҳраҳои шинохта, ҷавонони боистеъдод ва мустаҳкам намудани пояи илмии кишвар мусоидат хоҳад кард”. - Бори аввал аст, ки дар чунин олимпиада иштирок кардам. Фикр мекунам, он барои мо, донишҷӯён хеле муҳим аст. Зеро мо савияи донишу малакаи худро санҷидем, - зикр кард донишҷӯи факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Убайдулло Солиев. Ҳамин тариқ, даври дуюми олимпиадаи мазкур ҷамъбаст гардида, ба 36 нафар донишҷӯе, ки ғолиб омаданд, Ҷоми Академияи илмҳо супорида шуд. Ҳамчунин, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки донишҷӯёнаш аз ҳама бештар (6 нафар) ҷойҳои намоён гирифтанд, дипломи дараҷаи як ва ба дигар донишгоҳу донишкадаҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор шуданд, диплом ва ифтихорномаҳои АИ ҶТ супорида шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

ҶАВОНОН ВА ҷомеа

Тарғиби арзишҳои миллӣ байни ҷавонон Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба иҷрои қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии онҳо дар толори мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо фаъолон, ҷавонон ва занон гузаронида шуд. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд З. Мирдадоев, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд М. Воҳидов, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Б. Қосимова ва муовини якуми раиси шаҳри Хужанд И. Иброҳимов маърӯза намуданд. Зимни мулоқот муҳимтарин масъалаи марбут ба фаъолияти ҷавонон дар амри иҷрои қонунҳои мазкур баррасӣ гардида, рисолат ва вазифаҳои онҳо дар ин роҳи пурмасъулият муқаррар шуданд. Инчунин, ҷавонони ширкаткунанда дар ин вохӯриҳо ба суолҳои хеш аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон, дар маҷлисгоҳи варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» машварати дастурдиҳӣ бо иштироки мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, сарварони мактабҳои варзишии вилоят ва дигар масъулини сохторҳои амудии раёсат баргузор шуд. Машварат бо ҳузури муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ М. Муинова ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд З. Мирдадоев ҷараён гирифта, роҷеъ ба роҳҳои баланд бардоштани малакаи корӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва мушкилоти мавҷудаи соҳа сухан рафт. Дар робита ба масоили мазкур масъулини сохторҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Сӯҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»

Каналҳо об не, партов доранд Фасли баҳор ва мавсими боронҳои пай дар пай аллакай оғоз гардида, пур шудани роҳҳои мошингард аз оби борон низ зудзуд дучор мешаванд. Сабабаш пур будани ҷӯйбору каналҳо аз партов мебошад. Масалан, канали назди хиёбони Сино-137 пур аз партов аст. Дар таркиби партовҳои маишӣ ашёҳои гуногун, аз қабили пасмондаҳои хӯрок, коғазу картон, матоъҳои гуногун, чӯб, устухон, резина, пласмасса, фулузот (металҳо)-и гуногун, шиша ва ғайра мавҷуд аст. Хулоса мешавад, ки канали мазкур солҳо тоза нашудааст. Ба ҳамагон то чӣ андоза манфуру бадбӯй будани партов маълум аст. Онҳо барои афзоиши микробҳои барангезандаи бемориҳои сироятӣ сабаб мешаванд. Ҳамчунин, дар мавсими гармӣ пашшаву хомӯшакҳо зуд афзоиш меёбанд. Дар баробари ин, аз бӯйи ғализи он нафаскашии сокинон душвор мегардад. Яке аз сабабҳои зуд-зуд валангор шудани роҳҳои мошингарди нақлиётӣ, кӯлмак шудани обҳо дар роҳҳои мумфарш мебошад, ки дар фаслҳои зимистон ва баҳор ин мушкилот зиёд ба чашм мерасад. Сабаби дигар ва асосӣ бемаърифатии баъзе сокинони пойтахт мебошад. Онҳо партовро на дар партовгоҳ, ки дар назди канал аст, мепартоянд, балки дар дохили канал ҳаво медиҳанд. Калонсолон партовро ба дасти фарзандони хурдсолашон мефиристанд. Кӯдакон низ партовро дар канал партофта, бо шавқ тамошо мекунанд, ки об онро чӣ гуна мебарад... Онҳо андеша намекунанд, ки кори кардаи онҳо бар зарари худашон мебошад. Чунки партови партофтаи онҳо дар фасли гармо бӯйи ғализ

мебарорад, ки ба нафаскашиашон зарар мерасонад, ва боиси гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо мешавад. Барои бартараф кардани проблема аввал бояд маърифати экологӣ ва маданияти шаҳрдории шаҳрвандонро баланд кард. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар аҳамияти тоза нигоҳ доштани обу хок ва ҳаворо дарк намояд, зиндагӣ таровати дигар гирифта, ҷомеа солим мегардад. Ҳукумати

шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки каналу қубурҳоро зери назорат гирифта, зуд-зуд тоза кунанд, то дар оянда оби борон аз дохили каналҳо набарояд ва ба ҳаракати нақлиёт халал нарасонад. Мо як одати бад дорем, ки то ба сарамон ягон бало наояд, пайи ҳаллаш намекӯшем. Беҳуда нагуфтаанд, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ…”

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

3 «Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

Ҷалби ҷавонон ба илм

БОНГИ ИЗТИРОБ

e-mail: javonontj@mail.ru

ҶАВОНОН ВА ИЛМ


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

4

наврӯз муборак!

Наврӯз бо суннатҳояш зебост Зиҳӣ мардуме, ки таърихи беш аз даҳҳазорсола дораду урфу одат ва расму русуми ниёгони худро ҳифз карда, нагузошт, ки паси пардаҳои пурғубори таърих бенишон гардад. Яке аз ин суннатҳо, ки таърихаш ба давраи Ҷамшеди созандаю бунёдкор ва аз он пештар рафта мерасад, Наврӯзи оламафрӯз ва пурфайзу пурбаракати мо мебошад. Боиси ифтихор ва сарафрозии мост, ки бо саъю талошҳои давлатҳои ҷашнгирандаи Наврӯз дар ҷаласаи 64-уми Ассамблемияи Созмони Милали Муттаҳид, моҳи феврали соли 2010, Наврӯз ҷашни байнимилалӣ эълон шуд. Таҷлили ҷашни Наврӯз танҳо аз арҷгузорӣ ва гиромидошти суннатҳои аҷдоди қадимаамон ва оғози соли нави мардуми Аҷам иборат набуда, он қабл аз ҳама, манобеи бузурги дарку маърифат кардани таърихи таҳаввули фарҳанг, афкору ақоиди иҷтимоӣ ва фал-

сафии мардум, расму оин ва суннатҳои онҳо дар заминаи ҳаёти моддӣ ва маишиашон мебошад. Дар Кӯҳистони Бадахшон Наврӯз, қабл аз ҳама, чун рамзи покӣ, некиву некандешӣ ва ҳамчун оғози соли нави ориёӣ (Хидирайём) ҷашн гирифта мешавад. Аз хусуси таърих ва пайдоишу таҷлили Наврӯз маъхазҳои зиёди таърихӣ, аз қабилӣ «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Аттафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Зайнул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва бисёриҳо шаҳодат медиҳанд. Донишманди эронӣ, доктор Шариатӣ фармудааст: «Агар рӯзе Худо оламро офаридааст, мусалламан он рӯзи Наврӯз будааст. Баҳор нахустин фасл, фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст». Иди Наврӯз пайванди ногусастании инсону табиатро ифода карда, мақому муносибатҳо ва талаботи инсонро танзим намуда, одату анъаноташонро шакл медиҳад. Азбаски зимистони кӯҳистони Бадахшон хеле дарозу қаҳратун асту захираи ғизоии мардум кам мегардад, мардум қадами мубораки Наврӯзро хеле пазмон

мешаваду фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд. Ҳамин тавр, рӯзи даромади офтоб ба бурҷи ҳамал ба 21 марти ҳар сол рост меояд. Наврӯзро дар ҳамин рӯз ҷашн мегиранд. Умари Хайём таровати Наврӯзро чунин ба қалам додааст: Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст, Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст. Аз дай, ки гузашт, ҳарчи гӯйӣ хуш нест, Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст. Нарвӯз муждарасони баҳор аст. Табиатро зебу фар мебахшад. Тамоми ҷонварон баъд аз сармои тӯлонӣ аз нурҳои гарми хуршеди наврӯзӣ нерӯи тоза мегиранд ва аз насими мулоими навозишкор нафаси озод мекашанд. Замин, ки сарчашмаи неъматҳои моддии мост, аз нури офтоби ҷонбахш ҷон мегирад, барои бунёди ризқу рӯзии инсон омода мегардад. Мурғон ба чаҳ-чаҳ медароянд, аввалин гулҳо мешукуфанд, инсон аз ин айём рӯҳи тоза гирифта, ин рӯзро бо фараҳ истиқбол менамояд. Аз ҳар канор садои шодӣ ба гӯш меояду олам пурнишот мегардад. Аз ин

ҷост, ки Наврӯзро мардум ҳар сол чун иди хуррамию хуҷаста, муаллою мусолаҳа ва муоҳада истиқбол намуда, сипосгузорӣ менамоянд. Ин ид ба кишоварзу косиб ва ҳунармандон суруру шодӣ меоварад. Ҳама ба саҳрои сабзпӯшу муаттар баромада, базму хурсандиҳо меороянду онро ҳамчун оғози

соли навин ҷашн мегиранд. Дар рӯзи фирӯзи Наврӯз мардум бо ҳикмати ниёгонамон «Шогун баҳор муборак!» гуфта, ба якдигар сиҳатмандӣ, файзу баракати хонадон, рӯзгори осуда, сулҳу амонӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно мекунанд.

Куйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Наврӯз – ҷашни фақирону шоҳон

Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, эътирофи тамаддуни кӯҳанбунёди ориёинажодон, аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазор сол тӯл мекашад. Иди бузурги аҷдодиамон дар ин муддати дарози таърихӣ дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус, тоҷикон, борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию фарҳангӣ ва бадситезиҳои аҷнабиёну бадхоҳон рӯ ба рӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва тазодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал гардид.

расму русум ва оинҳои наврӯзӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихӣ истодагарӣ

толорҳои пурҳашамати тахти Ҷамшед, аз ҷумла, қасри сафеду барҳавои Садсутун

Таври маълум, Наврӯз ҳамчун ҷашни суннатию бостонӣ ва миллии мардуми ориёнажод, қабл аз ҳама, тоҷикон аз замонҳои хеле қадим берун аз ҷойгоҳи таърихи худ доман паҳн намуда, қавму миллатҳои гуногунро зери парчами озодандешию созандагӣ, дӯстию рафоқат, меҳрубонию таҳаммулпазирӣ ба ҳам оварда, имрӯз низ барандаи ҳамин рисолати таърихию ифтихорманди худ ва ифодагари орзую ормонҳои миллии тоҷикон аст. Наврӯз, ҷашни мубораку хуҷастаи тоҷикон буда, ниёгони мо барои ҳифзи

карда, ҳуқуқи маънавӣ ва ормонҳои худро ба таҷлили он ва гузашта аз он, арзи вуҷуд доштан, рушду инкишоф додани Наврӯз ҳамчун иди миллӣ, далерию шуҷоат, мардонагӣ ва таҳаммулпазирӣ нишон дода, ҷашнҳои наврӯзиро дар ҳама сатҳ аз фақирон то шоҳон ба шоистагӣ ҷашн мегирифтанд. Ҳанӯз аз қадим таҷлили Наврӯз аз доираи иди мардумӣ баромада, ба ҷашни давлатӣ табдил ёфт. Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои бузург дар

бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли созу наво, санъаткорону косибон ва ғайра онро шукӯҳу ҷилои хоса мебахшиданд. Дар аҳди сулолаи Сомониён шаҳомату шукӯҳи таҷлили Наврӯз хеле боло рафт. Ҷашни Наврӯзро Сомониён мояи ифтихор ва ҷалоли салтанаташон ҳисобида, мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон онро рамзи озодию истиқлол медонистанд. Фарзандони далеру бонангу номус, шуҷою фидокори миллат барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани иди Наврӯз талош

ва асолати онро ҳифз намудаанд. Яке аз чунин фарзандони наҷибу фидокори тоҷик, фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам тавассути урф, яъне, додани фатвои шаръӣ расму оини наврӯзиро ба ислом ва тамаддуну сунатҳои исломӣ хилофат надоштанашро эътироф намуда, ба бақои суннатҳои наврӯзӣ заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшид. Аз ин ҷост, ки расму оинҳои наврӯзӣ дар асоси ин ва ҳамин гуна заминаҳои ҳуқуқӣ ривоҷу густариш ёфта, марзҳои паҳновари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Эрону Ироқ ва соири кишвару минтақаҳои дигар, аз ҷумла, Ғарбро убур карда, Наврӯзро ба иди байналмилалӣ расонида, омили васлкунандаи тамаддунҳои гуногун дар рӯҳияи созандагӣ ва сулҳу суботи ҳамраъйию ҳамдилии мардуми сайёра гардид. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни Наврӯз дар радифи дигар идҳои миллӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин идҳо, шоиставу гуворо таҷлил мешавад. Боварӣ дорем, ки таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар баҳори истиқлолияти миллию давлатиамон омили сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати хирадпешаю тамаддунофари тоҷик гардида, азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

М. ТИЛЛОЕВ, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва эҳёи табиат аст, ки таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва кӯҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, аз қадимтарин идҳои ориёиҳо маҳсуб мешавад. Наврӯзро дар луғатҳо ба маъноҳои рӯзи наву тоза, рӯзи нахустин, рӯзи аввали сол шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Он якуми моҳи фарвардин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мегардад.

қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дидаву дониста барои ҷашнгирии Наврӯз муқобил мебарояд ва онро дигаргун карданӣ мешавад, дигар хел шарҳ медиҳад, ки гӯё Наврӯзро дигар ҷашн нагирем. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд. Ҳатто дар замони шӯравӣ бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд. Лекин Тӯраҷонзодае, ки бо иборае худро донишманд меҳисобад, мехоҳад Наврӯзро аз байн бибарад ва дар ҷойи он «Ошӯро»-ро барои мо иди миллӣ кунонад.

ранд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд». Ё ба ҳамин монанд, Имом Бухорӣ дар «Аттаърихулкабир» аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад. «Барои Алӣ (р) фолуда оварданд. Алӣ (р) пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд, «ҳар рӯзро Наврӯз кунед». Чунин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун ид дар замонҳои қадим ҷашн гирифта мешуд ва лоиқи ҷашнгирӣ буд. Тӯраҷонзода магар худро аз Беруниву Бухорӣ болотар медонад? Берунӣ ва Бухориро ҳамчун олимони намоён дар Шарқу Ғарб мешиносанд. Тӯраҷонзодаро бошад,

Рӯзи якуми фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии кишту кор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад, «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардуми давронаш ба покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст. Дар рисолаи «Наврӯзнома» Наврӯзи замони қадим ва хусусияту ойинҳои онро рӯ ба рӯ мегардем. Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо, бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашамату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу

Барои ҳар фарди тоҷик муҳим аст, ки расму ойини хешро ҳифз кунад. Вале намедонам ба муллоҳои мо чӣ расида, ки ба гузаштаи хеш ба назари нафрат менигаранд. Ба ҳама чиз шубҳа доранд ва анъанаҳои худро бо дин муқоиса мекунанд ва ақидаҳои дур аз ҳақиқатро ироа медоранд. Гузаштагони мо Шайх Аттори Валӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ пешвоёни дини мубини ислом буданд ва аз ҷашни Наврӯз бо ҳиссиёти баланд, бо худшиносию худогоҳии миллӣ ситоиш карданд. Наврӯз ба унвони як расму русуми миллӣ нолозим мебуд, гузаштагони бохирадамон ҷашни онро манъ мекарданд. Айни ҳол Наврӯз ба унвони иди баҳор, эҳёи табиат ва соли нав дар миёни мардуми мусулмон боқӣ мондааст. Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояти зиёде мавҷуд аст. Масалан, Берунӣ дар «Осорулбоқия» овардааст, «Оварданд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадя бурданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: «Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас, ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон бибо-

ғайр аз ду-се нафар шогирдаш касе намешиносад, аммо ӯ ақидаеро пеш меорад, ки гӯё ҷашни миллии мо тоҷикон - ҷашни Наврӯз бо агару магар доштаву надоштааш ҳарому ҳалол аст. Берунӣ, ки як донишманди шинохтаи динӣ ҳаст, ҷашни наврӯзро раво донисту акнун Тӯраҷонзода зидди анъанаҳои миллии мо - тоҷикон мебарояд. Ҳазрати Алӣ (р) дар номае ба яке аз фармондеҳони хеш фармуданд: «Ойини писандидаеро барҳам марез, ки бузургони ин уммат ба он рафтор намудаанд ва ба василаи он мардум ба ҳам пайвастаанд ва раият бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, то подош аз они ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад» (Наҳҷулбалоға, с. 431). Баҳри хуш гузаронидани соли меомада, ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн мегирад, ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умрашро бо шодмонӣ ва хуррамӣ гузаронад. Аз ин бар меояд, ки Тӯраҷонзода хостори он нест, ки мардуми тоҷик шоду хуррам зиндагӣ кунанд. Вале нафароне, ки чун Тӯраҷонзода чашми дидани анъанаҳои миллии худро надоранд ва ҳамеша аз он дурӯғу буҳтон меоваранд, баръакси гуфтаҳои боло хоҳад буд, яъне, чунинҳо Наврӯзро барои хеш қабул надоранд ва онҳо аз шодиву хуррамии Наврӯз тамоми сол бебаҳра ҳастанд.

Тӯраҷонзода зидди Берунист?

Бахтиёр НАБИЕВ

Баҳор, биё, ки пазмони туем! Донаи зери хок, шаҳоби афлок, боду абри бошитоб, ҷӯйбори интизори об, набототу ҳайвонот, инсонҳо, кулли махлуқоти рӯйи замин дар интизори баҳоранд. Чашм ба роҳи ӯянд, ки ба пешвози қудумаш бисабзанду нумӯъ кунанд, ба ҷилва оянд, бивазанду биборанд файзи худро ба кӯҳу даман, кӯю барзан, ба чаҳ-чаҳ оянд, сароянд, мадҳи зебоиҳои оламу муъҷизаҳои Офаридгорро намоянд. Мавҷудоти зинда дар тӯли сардиҳои фасли дай зоҳиран беҳису беҳаракатанд. Вале ин сукуту оромии онҳо хомӯшии эҷодкорона, қувваҷамъкунӣ баҳри истиқболи гарму ҷӯшони нозанин - баҳор аст, ки ҷамоли ҳазоронҳазор ҳурон якҷоя ба он баробар намешавад. Ҳастии рӯи замин карахтию сардиҳоро ба хотири он таҳаммул мекард, ки оқибат ба дидори баҳор мерасад. Эй, баҳор! Инсон аз рӯзҳои нахустини пайдоишаш ба ситоишу тасвир ва тараннуми зебоиҳои ту пардохтааст. Рассомон бо ҷилваи рангҳо, шоирон ба сухан васфи туро менамоянд. Вале то ҳанӯз ба касе аз онҳо муяссар нашудааст, ки ҳамаи зебоиҳои туро пурра гуфтаву акс карда тавониста бошанд. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон эҳтиёҷи васфи ту вуҷуд дорад. Суханварону рассомони ҳар насл эъҷози нав ба нав меофаранду дар оянда ҳам хоҳанд офарид. Бо вуҷуди ин, тасвири ҳусну малоҳат, сахои ту тамомӣ надорад. Инсон дар тасвири ҷамоли баҳор ҳамеша оҷизии сухану мӯқаламро ҳис мекард. Бинобар ин, аз пайи офаридани воситаҳое шуд, ки ба таври дигар ба ёрии забони садоҳо тараннуми баҳорро мукаммалтар гардонад. Ҳамин эҳтиёҷ боис гашт, ки наю рубоб, ғижжаку чанг ва дигар асбобҳои мусиқӣ пайдо шуданд.

5 «Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

таронаи баҳор

Эътимоди комил мавҷуд аст, ки Офаридгор ҳаёти рӯи заминро аз фасли баҳор оғоз бахшида бошад. Офарида шудани ишқ ва дили инсонҳоро ба он музайян гардонидан низ шояд дар ҳамин фасл рух дода бошад. Барои он ки ба қадри баҳору файзи он бирасем, аз паси он дигар фаслҳоро ба арсаи ҳастӣ овардааст. Тобистону тирамоҳ баҳри он аст, ки аз самараҳои баҳор баҳраманд шавем. Мақсад аз офариниши фасли зимистон шояд он бошад, ки ранҷи сардиҳои зимистонро аз сар гузаронида, қадри баҳорро бидонем. Эй баҳори нозанин, эй зеботарин, эй таннозтар аз ҳамаи он зебоиҳое, ки дар хаёлоти инсонҳо ғунҷоиш дорад! Ҳусну ҷамоли ту, беҳамтоии ту аз он аст, ки ба кулли мавҷудоти рӯйи замин, гулу хор, пиру ҷавон, зану мард, шоҳу гадо баробар тааллуқ дорӣ. Вале, медонӣ туро киҳо бештар дӯст медоранду барои баргаштанат бетоқатанд? Бешубҳа, онҳое, ки азобҳои хунукиҳоро аз нодорӣ бештар кашидаанд. Боз, ошиқоне, ки аз сардиҳову беэътиноии маъшуқон ранҷ бурдаанд. Биё, эй баҳор, ки ҳама интизори туем, биё!

Ҳоким АМОНОВ, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ, ноҳияи Бохтар ободонӣ

Ҳашари ниҳолшинонии ҷавонон дар Суғд Бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ дар остонаи иди Наврӯз ҳашари умумии ниҳолшинонии ҷавонон бо иштироки 34706 нафар таҳти унвони «Рушди туризми экологӣ» доир ва дар натиҷа 35654 ниҳолу кӯчатҳои гуногун шинонида шуд. Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, аз худи дастгоҳи марказии Раёсати ҷавонон,варзиш ва сайёҳии вилоят ибтидо ёфт ва дар оғози ин ҳашари умумии ҷавонони вилоят ҷиҳати ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои кории раёсат 30 дона кӯчати гул, 15 дона ниҳоли дарахти мевадиҳанда ва 10 дона ниҳоли

дарахти арча шинонида шуд. Ин иқдом минбаъд низ идома пайдо намуда, бо истифода аз фурсатҳои муносиб ва рӯзҳои зебои баҳорӣ ҷавонони вилоят дар амри сарсабзии кӯчаву хиёбонҳо ва маҷмӯан, қаламрави вилояти Суғд саҳм хоҳанд гирифт.

Сӯҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

андеша


6 «Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

22 МАРТ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ

Об неъмати гаронбаҳотарини табиат аст. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои бойи об буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои сарбаафлоки кишвар ҳосил мешаванд. Рӯзи умумиҷаҳонии об аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Ҳадафи асосии ин ид баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин, раҳнамун сохтани ҳукуматдорон, ташкилоту корхонаҳо, ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад. Об хосиятҳои нодир дошта, аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳамаро аз ғаждиҳо, ифлосиҳо шуста, боз худ пок мешавад.

шидани хати барқи “CASA-1000” ба манфиати тамоми аҳолии минтақа аст ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ин лоиҳаҳоро дастгирӣ менамоянд. Муҳаққиқон бар онанд, ки қариб 8 фоизи нерӯи барқи дар олам ҳосилшаванда барои кори насосҳои обкаш, тоза кардани об ва интиқоли он ба муштариёни мухталиф сарф мешавад. Аз ин лиҳоз, СММ аз ҳукумати кишварҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва башардӯстона, доираҳои илмӣ ва академӣ, бозаргонон, намояндагони ВАО ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд даъват намудааст, ки ба масъалаҳои об ва энергия таваҷҷуҳ кунанд, чунки об ва энергия дар рушди иқтисодиёти сабз мушкилкушои асосӣ ба шумор мераванд.

аз ҷумла, дар вилояти Суғд як сислсила корҳои басо хубу таърихӣ рӯи кор омаданд: таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд ва як қатор шаҳру деҳоти вилоят бо оби тозаи ошомиданӣ, иваз намудани қубурҳои интиқоли об, парма кардани чоҳҳои амудӣ, таъмиру азнавсозии сарбанду тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва амсоли он. Насби обченкунакҳо дар шаҳри Хуҷанд барои сарфаву сариштакорона истифода бурдани об аз тарафи аҳолӣ манфиати зиёд овард. Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд танҳо дар давоми ду моҳи соли равон оид ба назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар 127 объект санҷиш гузарониданд. Дар ин самт барои ислоҳи камбудиҳои

Тоҷикистон дорои 947 рӯду дарё, 1300 кӯл ва чашмаҳои сершумор буда, захираи обҳои зеризаминиаш ба 6,8 км/мураббаъ баробар аст. Бо вуҷуд, аз ин ганҷи худ кишвар кам баҳраманд аст, зеро қисми зиёди обро ҳамсоякишварҳо баҳри обёрии майдонҳои нопайдоканорашон истифода мебаранд, ҳамзамон, бонги изтироб мезананд, ки «баҳри Арал мехушкад!» Дар қадим, замоне ки нуфуси аҳолӣ кам буд, оби дарёҳои Сир ва Аму то баҳри Арал мерасид. Феълан, хушкидани баҳри Арал фоҷиаест на танҳо барои сокинони гирду атрофи он, намакҳои бухоршудаи онро муҳаққиқон ҳатто дар таркиби пиряхҳои Помир дарёфтаанд. Аз манобеи оморӣ бармеояд, ки истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон хеле зиёд аст. Дар шаҳрҳои калони ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари Исроил ба як нафар, агар 150 литр об рост ояд, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ 400-500 литр ва аз он ҳам зиёд сарф мешавад. Дар чаҳорчӯбаи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт. 2005-2015» дар кишвар,

Об - обрӯи Тоҷикистон

e-mail: javonontj@mail.ru

кӮли сарез Агарчи 70 фоизи сайёра аз об иборат аст, оби ошомиданӣ беш аз 2 фоизи онро ташкил медиҳад. Имсол мавзӯи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии обро «Об ва энергия» пазируфтанд. Об ва энергия бо ҳам пайвасту алоқаманданд. Истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ бе истифодаи об, хоҳ он аз тариқи нерӯгоҳи обӣ, ҳастаӣ ва ё аловӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистони мо дар миёни мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати имконияти истеҳсоли энергия аз тариқи нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷои дуюм, пас аз Федератсияи Русия қарор дорад. Бунёди НБО–ҳои хурду бузург дар кишвар тақозои замон буда, чи аз ҷиҳати талаботи иқтисодиёти сабз, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ мувофиқ аст. Агарчи ин иқдомро тамоми мардуми тараққихоҳ дастгирӣ менамоянд, ҳастанд ҳасудон, ки кӯр-кӯрона ба ҳар анҷуман шиква мебаранд, ки Тоҷикистон бо сохтмони нерӯгоҳҳои азим обро кам мекунад. Ҳол он ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ка-

Аз манобеи оморӣ бармеояд, ки истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон хеле зиёд аст. Дар шаҳрҳои калони ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари Исроил ба як нафар, агар 150 литр об рост ояд, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ 400-500 литр ва аз он ҳам зиёд сарф мешавад.

ошкоргашта 256 супориши ҳатмӣ доданд. Барои вайрон кардани талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 209 нафар шахсони алоҳида ва мансабдор ба маблағи 25320 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ бароварда шуд. Барои худсарона истифодабарии захираҳои об ба 53 объект иддао ба маблағи 6099,22 сомонӣ пешниҳод гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 парванда, яъне, ба суд 39 парванда, ба прокуратура 8 парванда пешниҳод гашт. Барои худсарона истифодабарии захираҳои об ва бе иҷозатномаи истифодабарии махсуси об истифодаи иншооти обкашӣ, пармакунии чоҳҳо, кори чоҳҳои амудии 6 объект муваққатан боздошт шуд. Мувофиқи ҳисоботи ҷамъбастии истифодаи об соли гузашта дар системаи гирдгардиши об дар саноат 3072,31 ҳазор метри кубӣ ва ҳаҷми умумии партобобҳо 1085268,58 ҳазор метри кубиро ташкил дод. Аз тарафи нозирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо барои сари вақт насупоридани ҳисобот ва риоя накардани талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 4200 сомонӣ тартиб дода шудааст. Нозирони раёсат ҳангоми гузаронидани рейдҳои фаврӣ дар шаҳри Қайроққум ошкор намуданд, ки дар ҳудуди ҶСП «Зафар» сехи коркарди пӯсти чорвои ҶДММ «Муҳаммадинаҷот» фаъолият мебарад. Сехи мазкур партовобҳои истеҳсолии худро бидуни тоза ва безараргардонӣ ба қубури рафъи обҳои боришоти собиқ анбори нигоҳдории маводи фулузотӣ равона карда, баъдан, партовобҳо ба заҳбӯри дохилихоҷагии К-2-1-и ҶСШК ба номи А. Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷорӣ мегардад. Аз тарафи раёсат нисбат ба сардори сех протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои расонидани зарар ба давлат 5505,19 сомонӣ маблағи зарар ва 9467 сомонӣ пардохти ҳатмии экологӣ ҳисоб ва пешниҳод шуд. Инчунин, фаъолияти ҶДММ «Муҳаммадинаҷот» дар асоси қарори №5-и бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум боздошта шуда, барои бунёди иншооти обтозакунӣ ва беҳтар намудани ҳолати экологии маҳал пешниҳодҳо дода шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати такрорёбии чунин ҳолат қубури партовобпарто, ки тавассути он партовобҳо ба заҳбур ҷорӣ мегарданд, мӯҳрбандӣ шуд. Мо ифтихор дорем, ки сарвати асосии Тоҷикистон захираи оби он мебошад. Пас, биёед ҳамагон дар тозаю покиза нигоҳ доштани он саҳмгузор бошем. Пирони рӯзгор беҳуда ҳангоми дуо «Баракати оби равонро деҳ!» намегӯянд. Зикр кардан зарур аст, ки чорабиниҳои расмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об имсол 21-22 март дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио зери сарпарастии Донишгоҳи СММ ва Ташкилоти СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) доир мегарданд. Дар кишвари мо ин сана бо тантанаҳои наврузӣ якҷоя ҷашн гирифта мешавад.

Равшанҷон РАҶАБОВ, сардори шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои оби РҲМЗ, Обидҷон КАРИМОВ, рӯзноманигор


Кишваре, ки иқтидори бузурги иқтисодӣ дорад Дар ин айёми дилафрӯз, ки мардуми кишварамон Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн мегиранд, сокинони кишвари ҳамсоя - Покистон рӯзи таъсисёбии давлаташонро ид мекунанд. Марзи Покистону Тоҷикистонро ҳамагӣ 15 км. қаламрави Афғонистон аз ҳам ҷудо месозад. Дар ин сарзамин тақрибан 8 аср забони форсӣ расмӣ буд. Теъдоди шоироне, ки дар ин мулк бо забони форсӣ шеър гуфтаанд, аз 3000 нафар зиёд аст. Баъди истилои англисҳо (дар асри 18) нуфузи забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд поён рафта, ҷои онро забони англисӣ гирифт. Мардуми озодихоҳи Ҳиндустони мустамликавӣ борҳо бар зидди истисморгарони англис қиём карда, хоҳони таъсиси кишвари мустақил шуданд. 23 марти соли 1940 фаъолони Лигаи мусулмонони Ҳиндустон дар шаҳри Лоҳур ҷамъ омада, қарор доданд, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати алоҳидаи мусулмононро бо номи Покистон таъсис диҳанд. Ин эъломия дар таърих бо номи «Тасвибномаи Лоҳур» машҳур аст. Пас аз қарори мазкур баъди 7 сол мусулмонони нимҷазира ба орзуяшон расиданд ва 14 августи соли 1947 дар хотираи ҷаҳонӣ кишвари наве бо номи Покистон арзи ҳастӣ кард. Мутаасифона, давлати навтаъсис бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ҳиндуву сикҳҳои сарватманд аз кишвар ба Ҳиндустон фирор карданд. Дар навбати худ аз Ҳиндустон ба Покистони навтаъсис гурезаҳои зиёде омаданд. Аз ин рӯ, ҳукумати Покистон солҳои аввали истиқлолият, асосан, ба ҷобаҷокунии гурезагон ва ба танзим даровардани муносибатҳо бо

Ҳиндустон машғул шуд. Солҳои минбаъда вазифаи асосӣ индустрикунонии кишвар гардид, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат мусоидат намуд. Махсусан, соҳаи нассоҷӣ рушд карда, Покистон ба яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи маҳсулоти насоҷҷӣ табдил ёфт. Соли 1971, баъди Сарвазир таъин шудани Зулфиқор Алӣ Бҳутто (падари Беназир Бҳутто) муассисаҳои бузург, ширкатҳои фурӯши маҳсулоти нефтӣ ва киштигардӣ давлатӣ шуданд. Бҳутто ислоҳоти соҳаи аграрӣ гузаронида, 400000 гектар заминро ба 67000 хоҷагии деҳқонӣ тақсим кард. Имрӯз низ содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои

менамоянд. Тухмӣ ба деҳқонони покистонӣ бо нархи арзон пешкаш мешавад. Давлат, инчунин, барои арзонтар дастрас шудани нуриҳои минералӣ мусоидат менамояд. Ду соли охир гандуми арзони Покистон дар бозори Афғонистон ҷои гандуми Қазоқистонро зер кард. Соли сипаришуда соҳибкорон аз Покистон ба Тоҷикистон низ орду шакари арзон ворид намуда буданд. Агар соли 2007 сементи Покистон дар бозори масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон ҷои сементи пастсифати Бекободро гирифта бошад, пас ду соли охир шакари покистон нархи ин маҳсулотро аз 6 сомонӣ ба 4-4,5 сомонӣ фуро-

асосии иқтисодиёти Покистон ба ҳисоб меравад. Зироати асосии ғалладонагӣ гандум аст. Ҳукумат онро аз деҳқонон бо нархи қимат харида, ордро ба аҳолӣ нисбатан арзон (субсидия) мефурӯшад. Ташкилотҳои давлатӣ барои ворид кардани гандуми навъи покистонӣ-мексикоӣ мусоидат

вард. Кишоварзони Покистон ғайр аз гандум, инчунин, пахта, биринҷ, ҷуворӣ, нахуд, найшакар ва арзанро низ ба хориҷа мефурӯшанд. Мандарину мавз (банан)-и Покистон низ дар хориҷа харидори зиёд дорад. Покистон аз канданиҳои

зеризаминӣ - маъдани хром, мармар, уран, фосфоритҳо, сулфур, сангҳои қиматбаҳою нимқиматбаҳо бой аст. Дар иёлоти Балуҷистон маъдани калони мис ёфт шудааст. Ҳанӯз соли 1980 бо кӯмаки шӯравӣ дар наздикии Карочӣ комбинати металлургӣ сохта шуд. Иқтидори корхонаҳои сементбарорӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди нефт ва шакарбарории Покистон торафт вусъат меёбад. Дар шаҳри Сиёлкут корхонаҳои хурди истеҳсоли тӯби футбол, чавгон, дигар васоили варзишӣ, таҷҳизоти тиббӣ фаъолият мекунанд. Дар вилояти Панҷоб корхонаҳои маснуоти кишоварзӣ, насос, муҳаррикҳои дизелӣ сохта шудаанд. Покистон дорои 8,8 ҳазор километр роҳи оҳан ва 100 ҳазор километр роҳи мошингард мебошад. Бандарҳои Карочӣ, Бин Қосим ва Гвадар Покистонро бо бузургтарин бандарҳои обии ҷаҳон мепайванданд. Ҷопон, Чин, ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Канада, Сингапур, Эрон ва кишварҳои арабӣ шарикони асосии тиҷоратии Покистон ба шумор мераванд. Ба гуфтаи иқтисодчии бритонӣ Ҷим о Нил Покистон то соли 2050 аз рӯи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 18-умин кишвари бузурги иқтисодии ҷаҳон хоҳад гашт. Аз рӯи маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор (МВФ) Покистон иқтидори бузурги иқтисодӣ дорад. Моҳи январи соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон эълон намуд, ки то соли 2030 дар ҳудуди мамлакат 5 нерӯгоҳи барқи атомӣ месозад. Нерӯгоҳҳо бо мадади ҳамсоякишвари Чин сохта мешаванд. Ҳоло бунёди ду нерӯгоҳи атомӣ дар наздикии шаҳри Карочӣ бо иқтидори ҳар кадоме 1100 МВТ оғоз ёфтааст. Аз соли 2011 дар сиёсати берунии Покистон Чин ба

ҷои ИМА мавқеи асосиро ишғол кард. Моҳи октябри соли гузашта Покистон шартномаи ҳамкорӣ дар бахши илму технология ба ИМАро 5 соли дигар тамдид намуд. Дарвоқеъ, Покистон дар соҳаи илму технология мутахассисони забардаст дорад, ки аз тариқи шартнома дар ИМА, Канада, Британияи Кабир ва мамолики арабӣ кор мекунанд. Қадимтарин ва калонтарин мактаби олии Покистон Донишгоҳи Лоҳур мебошад, ки дар асри ХIХ таъсис ёфтааст. Робитаи Тоҷикистону Покистон солҳои охир бо суръат рушд мекунад. Агар соли 2011 ҳаҷми робитаҳои ду кишвар 21 миллион доларро ташкил дода бошад, соли гузашта ин рақам қариб ба 100 миллион доллар расид. Аз Покистон ба Тоҷикистон семент, шакар, доруворӣ, мандарин, картошка, нуриҳои минералӣ ворид мешавад. Тоҷикистон ба Покистон хушкмева, баъзе намуди металлҳо содир мекунад. Ба гуфтаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн ҳар сол донишҷӯёну мутахассисони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Покистон ихтисоси хешро такмил медиҳанд. Аз нахустин рӯзҳои ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика авлавият дода мешавад. Покистон омодааст ба миқдори зиёд барқи Тоҷикистонро харидорӣ намояд. Агар дахолату ҳасодати кишварҳои дигар намебуд, ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта Покистон омода буд, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро созад. Роҳбарияти ин кишвар борҳо изҳор доштааст, ки бо амалишавии лоиҳаи «САSA-1000» харидори асосии барқи Тоҷикистон хоҳад буд. 23 март дар тамоми шаҳрҳои Покистон мардум ҷашни миллиро таҷлил мекунанд. Ба ифтихори таъсиси давлати Покистон аз тӯпҳо гулӯлаҳои гулоташ (салют) сар медиҳанд. Намоишҳои театрӣ, фестивали гулҳо ва дигар чорабиниҳо ба ҷашни миллӣ шукуҳи хоса мебахшанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

7

23 МАРТ - РӮЗИ ТАЪСИСИ ПОКИСТОН

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

ҲАМКОРӢ

Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Исломобод бо ташаббуси Лоиҳаи USAID оид ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ конфронси «ПокистонОсиёи Марказӣ» доир мегардад. Ба ин муносибат ҳафтаи гузашта як ҳайати тиҷоратӣ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҷумҳурии мо ташриф овард.

Дар доираи сафар мулоқоти меҳмонони покистонӣ бо раёсати Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи сардори ҳайати мазкур, президенти Палатаи савдо ва саноати Равалпиндӣ Шумайл Довуд Ориён, ҳадаф аз ин сафар муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, байнипалатаӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни соҳибкорони Покистону Тоҷикистон мебошад. Номбурда изҳор дошт, ки дар конфронси дарпешистода мулоқот оид ба истифодаи имкониятҳои тиҷоратӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар доираи конфронс намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин конфронс намояндаҳои доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки мулоқоти мазкур робитаҳои мавҷударо мустаҳкам ва дари ҳамкориҳои навро боз хоҳад намуд.

- Солҳои охир миёни ду кишвари дӯст рушди босуръати ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва амалисозии ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавӣ ба назар мерасад, - гуфт Шариф Саид. - Даҳҳо ширкати покистонӣ бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар кишвари мо намояндагӣ ифтитоҳ намудаанд. Шариф Саид дар бораи фаъолияти палата маълумот дода, аз доираҳои соҳибкории Покистон даъват ба амал овард, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд. Масалан, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии саноати сабук, таҳти унвони «Интерлегпром» доир мегардад. Барои соҳибкорони покистонӣ дар ин намоишгоҳ 200 метри мураббаъ ҷудо хоҳад шуд. Сарвари Иттиҳоди палатаҳои тиҷоратии Покистону Афғонистон Ҷунайд Мақда изҳор намуд, ки ширкатҳои нассоҷии Покистон дар намоишгоҳи мазкур иштирок хоҳанд намуд.

Бо пешниҳоди Шариф Саид намояндаи Палатаи савдо ва саноати Исломобод Муҳсин Ҳамид изҳор дошт, ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи маҳсулоти Покистонро доир хоҳанд кард. Меҳмонон аз набудани хатсайри ҳавоии Душанбе-Исломобод изҳори ташвиш намуданд. Зеро бо вуҷуди ҳамагӣ 2 соат будани вақти парвоз дар хатсайри мазкур, тавассути кишвари сеюм дар 20 соат аз Исломобод ба Душанбе расидаанд. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи имконияту имтиёзоти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара» ва «Ишкошим» маълумот дод. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар зиёданд. Конфронси дарпешистода дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад гашт.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Омодагӣ ба конфронси «Покистон-Осиёи Марказӣ»


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

8

туризм

Туризм ҳаёти инсонҳоро Зимни баргузории чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITBBerlin-2014”, ки даҳаи авввали моҳи равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҷараён гирифт, кишвари моро таҳти роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаю соҳоти марбута, роҳбарону коршиносони 12 ширкати туристии мамлакат ва меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.

Лавҳаи тарғиботии ҷумҳурии мо дар масоҳати 40 метри квадратӣ, ки бо самимияту садоқати беандоза оро ёфта, баёнгари имконоту захираҳои рушди сайёҳии мамлакат ба ҳисоб мерафт, зебу зиннат бахшид. Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ, ки шоми 4 март сурат гирифт, Кристиан Гок, роҳбари кулли Маҷмааи намоишии “Messe Berlin”, Клаус Воверайт, мири шаҳри Берлин, Майкл Френзел, Президенти Федератсияи индустрияи туризми Олмон, Толиб Рифоӣ, котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) ва Клаудиа Руиc Массе Салинас, вазири туризми Мексика роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи туризм ва рушди бемайлони он, ки баҳри баланд бардоштани соҳаи иқтисоди давлатҳо мусоидат менамояд, изҳори андеша карданд. Аз ҷумла, Толиб Рифоӣ, котиби генералии СУТ иброз дошт, ки омӯзиши дастовардҳои туризми байналмилалӣ дар соли 2013 нишон дод, ки натиҷаҳо аз он чи ки интизор мерафт беҳтар буда, тибқи пешгӯиҳо дар соли 2014 ва солҳои баъдӣ туризм ба яке аз соҳаҳои нисбатан зуд рушдёбандаи иқтисод табдил меёбад. Он соҳае шудааст, ки ба афзоиши иқтисоди ҷаҳон мусоидат карда, миллионҳо ҷои кор муҳайё мекунад, инчунин, содирот ва сармоягузориро тавсеа бахшида, ҳаёти инсонҳоро

фар раводид гирифта тавонанд. Қисмати дигари муҳим иртиботи роҳҳои ҳавоист. Ба он далел, ки ҳавонавардӣ ва туризм ба ҳам сахт алоқаманданд, чунки имрӯз 50 дар сади туристони байналмилалӣ ба ҷойи лозимӣ тавассути роҳҳои ҳавоӣ мерасанд. Бо вуҷуди ин, дар бисёр кишварҳо ҳамоҳангии ин ду сохтор дида намешавад. Ниҳоят, СУТ ба он даъват мекунад, ки сиёсати андозбандӣ дар соҳаи туризм бознигарӣ шавад. - Ин соҳаҳо тақозо мекунанд, ки сиёсат дар соҳаи туризм мақоми миллӣ дошта бошад, на соҳавӣ, - илова намуд Толиб Рифоӣ. – Сиёсати давлатии байнисохторҳо ва

e-mail: javonontj@mail.ru

Акси хотиравии Толиб Рифоӣ, котиби генералии СУТ бо намояндагони Тоҷикистон

Соли ҷорӣ наздики 11000 иштирокчӣ аз 190 далати дунё ва бештар аз 180 ҳазор бинанда (наздики 120 ҳазор нафарашон мутахассисони соҳаи сайёҳӣ) ба 28 толори кушоду барҳавои Маҷмааи намоишии “Messe Berlin”, ки дар масоҳати 1600 метри квадратӣ доман афрохт, ташриф оварда, бо дастовардҳои навтарин ва имкониятҳои воқеии саноати туризми дунё ошноӣ пайдо намуданд. Кунҷи яке аз толорҳоро

тағйир медиҳад. Аммо ин хулоса бояд моро дилпур накунад, ки он худ ба худ рушд мекунад. Толиб Рифоӣ афзуд, ки: “Барои рақобатпазир будан бо дигар соҳаҳо моро лозим аст, ки чанд проблемаи мавҷударо, ки ба панҷ имконоти муҳим қисмат шудаанд, ҳал кунем. Пеш аз ҳама, раванди амалигардонии сафарҳо бояд сабук ва ба он нукта диққати ҷиддӣ дода шавад, ки бояд аз се ду ҳиссаи аҳолии дунё пеш аз са-

ҳамкории сохторҳои давлатию хусусӣ шарти зарурӣ барои таъмини дилхоҳ намуди туризм мебошанд. Мо имкони таъсиси эътилофҳои навро барои дастгирии соҳа дорем. Дастгирии мо на танҳо ҳамкориҳои сохторҳои давлатию хусусии туристӣ, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳаҳои шарик, мисли технология, санъат, гастрономия (пухтупаз) ва фарҳангро низ фаро мегирад. Толиб Рифоӣ, инчунин, ёдо-

вар шуд, ки: “дар баробари рушди иқтисодӣ масъулият низ меафзояд”. Дар баробари он ки туризм ба рушди иқтисод, фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, инчунин, мушкилиҳои глобалие низ ба вуҷуд меоянд, ки ба таъмини устуворӣ ҳамроҳанд. Сипас, ҳунармандони шинохтаи Мексика, ки соли равон кишвари ҳамшарики баргузории “ITB-Berlin-2014” ва масъули ифтитоҳи намоишгоҳ ба ҳисоб мерафт (ин масъулиятро соли гузашта Индонезия, соли 2012-Египет, 2011-Лаҳистон ва соли 2010 Туркия ба ӯҳда доштанд), бо рақсу таронаҳои дилошӯб хотири ҳозиринро болида намуда, барои иштирокдорон дастархони идона бо анвои хӯрокҳои миллӣ густурданд. 5 март дар доираи баргузории намоишгоҳ ба муносибати 20-солагии Эъломияи Самарқанд доир ба рушди туризм дар «Роҳи Абрешим» мулоқоти чоруми вазирони соҳаи туризми кишварҳои «Роҳи Абрешим» доир шуд. Дар он вазирону муовинони вазирҳои соҳаи туризми кишварҳои «Роҳи Абрешим», намояндагони Комиссияи Аврупо, Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва туризм, ЮНЕСКО, Созмони умумиҷаҳонии туризм ва сафирони фавқулодда ва мухтори як қатор давлатҳои иштирокчӣ ширкат варзиданд. Ҳамоишро котиби генералии СУТ Толиб Рифоӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки туризм солҳои охир ба яке аз сохторҳои рӯ ба инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз туризм 9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ва 30 дарсади содироти хизматрасониро ташкил дода, ҳар ёздаҳумин ҷои корӣ ба ин соҳа рост меояд. Соли 2012 туризми байналмилалӣ ба қуллаи баландтарини худ баромада, теъдоди сайру саёҳаткардагон бори аввал ба 1 миллиард расид. Мувофиқи пешгӯиҳо ин

рақам соли 2030 1,8 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод. Толиб Рифоӣ таъкид намуд, ки дар ривоҷу равнақ ёфтани соҳаи туризм ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ соддакунии реҷаи раводид нақши муҳим мебозад. Новобаста аз комёбиҳои тайи даҳсолаи охир дар хусуси сабукии рафтуомади сайёҳон бадастомада ҳанӯз дар ин самт баъзе масъалаҳои ҳалношуда ҳастанд. Қайд гардид, ки бист сол пеш бо ҳузури намояндагони 19 мамлакат дар шаҳри бостонии Самарқанд Эъломия оид ба рушди туризм дар «Роҳи Абрешим» қабул гашт. Он кишварҳоро ба қабули як қатор чораҳо даъват мекард. Тавассути амалишавии онҳо монеаҳои ба рушди туризм дар «Роҳи Абрешим» халал расонида аз байн бардошта мешуд. Аммо то ҳанӯз баъзе монеаҳо мавҷуданд, ки садди роҳи рушди туризм дар минтақа мешаванд. Соли 2013 дар хатсайрҳои туристии ҷаҳон аз се ду ҳиссаи сайёҳон пеш аз ба сафар баромадан раводид гирифтанд. Аз ҷониби дигар тақрибан 18 дарсади сайёҳони ҷаҳон тавонистанд, ки ба хатсайрҳои туристӣ бе раводид сафар намоянд. Ҳамчунин, 15 дарсади сайёҳон раводидро баъди ворид шудан ба кишвари мехостаашон дастрас намуданд. Дар маҷмӯъ, тайи солҳои охир дар бахши сабуксозии реҷаи раводидӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Агар соли 2008 талаботи хатсайрҳои туристӣ дар бораи зарурати гирифтани раводид то сафар ба ҳисоби миёна 77% сайёҳонро фаро гирифта бошад, соли 2013 ин нишондиҳанда то 64% коҳиш ёфтааст. Солҳои 2010-2013 дар 44 хатсайри сайёҳӣ гирифтани раводид барои шаҳрвандони 20 мамлакат соддатар гардонида шуд. Яке аз маъмултарин чораҳои


9

соддакунии гирифтани раводид ин аст, ки баъзе аз кишварҳо усули «раводид баъди воридшавӣ ба қаламрави мамлакат»-ро пеш гирифтанд. Толиб Рифоӣ аз миёни кишварҳои “Роҳи Абрешим”, ки дар солҳои 2010-2013 таҷрибаи додани раводид баъди вуруд ба қаламрави мамлакатро ҷорӣ кардаанд, Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистонро ситоиш кард. Гурҷистон ба шаҳрвандони 91 кишвар, Арманистон ба 87 ва Тоҷикистон ба 79 кишвар баъди ба қаламрави мамлакат ворид шуданашон раводид медиҳанд. Таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам шоистаи дастгирист. Чин барои шаҳрвандони 45 мамлакат, ки ба шаҳрҳои Пекин, Шанхай ва Гуанжоу ба муддати се шабонарӯз меоянд, транзити бераводидро иҷозат додааст. Яке аз роҳҳои дигари соддакунии раводид истифодаи раводиди электронӣ мебошад. Яъне, дар сурате, ки ба кишвар вуруди бе раводид иҷозат набошад, дар ин сурат раводиди электронӣ гирифтан афзал аст. Раводиди электрониро то замони вуруд ба кишвари дилхоҳ бидуни муҳр ниҳодан дар шиноснома ё рафтан ба сафоратхона метавон гирифт. Ин барои хатсайрҳои сайёҳие, ки дар ҳама кишварҳо сафоратхона ва консулгарӣ надоранд, муҳим аст. Масалан, Туркия ва Озарбойҷон бомуваффақият додани раводиди электрониро ҷорӣ кардаанд. Соли 2013 Озарбойҷон барои шаҳрвандони тамоми кишварҳо додани раводиди электрониро ба роҳ монд. Туркия аввалан барои баъзе кишварҳо раводиди электрониро ҷорӣ карда, торафт рӯйхати кишварҳои ба шаҳрвандонашон раводиди электронӣ медодаро зиёд менамояд. Соли 2013 қариб 73% сайёҳони ҷаҳон барои рафтан ба кишварҳои Роҳи Абрешим

то ба сафар баромадан раводид гирифтанд. Боз 4 дарсади дигар барои гирифтани раводиди электронӣ муроҷиат карданд. 11 дарсад баъди вуруд ба кишвари мехостаашон раводид гирифтанд. Барои 12 дарсади дигар гирифтани раводид лозим нашуд. Дар муқоиса бо сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кишварҳои узви Роҳи Абрешим 9% бештар ба раводиди анъанавии коғазӣ афзалият додаанд. Инчунин, дар муқоиса бо сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кишварҳои Роҳи Абрешим доираи ашхоси аз гирифтани раводид озодро маҳдудтар намуда, теъдоди раводиди баъди вурудро низ кам менамоянд. Дар баробари ин кишварҳои мазкур 1% бештар аз сатҳи ҷаҳонӣ раводиди электронӣ додаанд. Соли сипаришуда нишондиҳандаҳои боз будани кишварҳои узви Роҳи Абрешим 21 қисмро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 9 қисм кам аст. Аммо дар муқоиса бо соли 2008 кишварҳои мазкур нишондиҳандаи дарҳои кушодро аз 10 қисм ба 22 қисм расониданд. Ҳамчунин, солҳои 20082013 ба афроде, ки то рафтан ба кишварҳои узви Роҳи Абрешим раводид гирифтан лозим меомад, аз 87% то 73% кам шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нишондиҳандаи дарҳои кушоди кишварҳои мазкур ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ наздик мешавад. Соли 2013 шаҳрвандони Аврупо ва минтақаи Амрико дар мамолики Роҳи Абрешим ба маҳдудиятҳои раводидӣ камтар мувоҷеҳ шуданд. Чунончи, 35 дарсади сайёҳони Аврупо ва 32 дарсади сайёҳони Амрико ба кишварҳои мазкур бе раводид омаданд. Дар ин кишварҳо бештар намояндагони мамолики Африқо ба маҳдудиятҳо дучор шуданд. Танҳо кишварҳои Озарбойҷону Гурҷистон ташаббус нишон дода, ба шаҳрвандони

мамолики африқоӣ раводиди электронӣ ва раводид баъди вуруд дода истодаанд. Сиёсати раводидии кишварҳои Роҳи Абрешим дар муқоиса бо кишварҳои узви блокҳои иқтисодӣ, ба монанди «Гуруҳи бистгона», АТЭС, ОЭСР ва САДК нисбатан кам боз буд. Ҳиссаи ками кишварҳои узви барномаи «Роҳи Абрешим» дар блокҳои иқтисодии мавҷуда монеаест дар рушди туризм. Аксар вақт узвият дар шартномаҳои барои тиҷорат равонашуда барои рушди туризм дар давраҳои минбаъда шароит фароҳам меорад. Соли 2008 кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта миёни

ёсати раводидӣ то ҳол монеаи асосӣ барои рушди саёҳат ва туризм ба шумор меравад. Зикр шуд, ки Роҳи Абрешим, ки ҳамчун бузургтарин хатсайр дар таърих машҳур аст, нахустин пули васлкунанда миёни Шарқу Ғарб ба шумор меравад. Ин роҳ муҳимтарин восита барои ба роҳ мондани тиҷорат миёни империяҳои кадимаи Чин, Ҳинд, Форс ва Рим ба ҳисоб мерафт. Аз соли 200 то солшумории мелодӣ ин шабака роҳи муҳим барои робита миёни одамон, тамаддунҳо, табодули идеяву технологияҳо, интишори мазҳаб, рушди санъат ва ғайра маҳсуб меёфт. Роҳи Абрешим, ки 12000 километрро дар бар мегирад, имрӯз ба сайёҳон имкони дидани хатсайрҳои нодирро фароҳам меорад, ки замоне дар он Искандари Мақдунӣ ва Марко Поло қадам мезаданд. Кишварҳои Роҳи Абрешим имконияти хуби ба ҳамдигар мусоидат кардан дар роҳи гирифтани манфиатҳои иқтисодиро доранд. Ин тавассути ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, коркарди муштараки маҳсулоти туристӣ, ривоҷу равнақи хатсайрҳои туристӣ, соддакунии гирифтани раводид ба даст меояд. 31 кишваре, ки аъзои Барномаи СУТ оид ба Роҳи Абрешим мебошанд, инҳоянд Озарбойҷон, Албания, Арманистон, Бангладеш, Булғористон,

ҳамдигар сиёсати бераводидро ба роҳ монданд, ки ин ба рушди туризм дар ин кишварҳо мусоидат кард. Ҳанӯз соли 1963 Конфронси СММ оид ба саёҳати байналмилалӣ ва туризм вобастагии рушди туризм аз фаъолияти ҳукуматҳоро таъкид кардаааст. Пас аз 50 сол, яъне, моҳи ноябри соли 2012 Саммити вазирон, ки дар Лондон доир гашт, ба хулосае омад, ки ҷараёни додани раводид ва си-

Юнон, Гурҷистон, Миср, Исроил, Индонезия, Ироқ, Эрон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия, Сан-Марино, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Сурияи Араб, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Хорватия ва Ҷопон мебошанд. Аммо дар мулоқоти зикршуда намояндагони 21 кишвар ҳузур пайдо намуданд.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

рангин месозад

6 март ба Гӯшаи тарғиботии кишвари мо Толиб Рифоӣ, котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ ташриф оварда, сӯҳбати ҷонпарвари дӯстона анҷом дод. Ӯ зимни мулоқот бо Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба талошҳои пайгиронаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи рушди соҳаи туризм баҳои баланд дода, ризоияти худро барои ҳамкориҳои ҳарчи бештар дар оянда иброз дошт. Номбурда, бо вуҷуди серкорӣ, ҳар сол аз гӯшаи намоишии Тоҷикистон дидан намудани худро, дар суҳбат бо хабарнигори рӯномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз рӯи меҳру самимият ва садоқати беандоза доштан нисбат ба миллати мо арзёбӣ карда, дар хотима, бо ҳайати намояндагони кишвари мо акси хотиравӣ гирифт. Шоми ҳамон рӯз Юрген Климке, вакили Бундестаги Олмон аз бахши тоҷикистонии намоишгоҳ дидан ва бо ҳайати Тоҷикистон дар мавриди роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ гуфтугӯ намуд. Шоёни зикр аст, ки намояндагони ҷумҳурии мо дар ин ҳамоиши бузурги туристӣ баъди ба узвияти Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии Созмони Милали Муттаҳид шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007) бори ҳафтум иштирок карданд. Агар соли 2008 дар намоишгоҳ гӯшаи тарғиботии Тоҷикистон 5 метри мураббаъ масоҳат дошт, соли 2009 он дар масоҳати 24 метри квадратӣ созмон ёфт. Ва, азбаски, баъд аз ду соли иштирок сафи сайёҳон

аз Аврупо, бахусус, Олмон ба кишвар афзуд, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон то кунун гӯшаи тарғиботии мамлакати мо дар масоҳати 40 метри квадратӣ доман паҳн мекунад.

e-mail: javonontj@mail.ru

туризм

Самариддин АСОЗОДА, Душанбе-ИстанбулБерлин-Душанбе


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

10

Ҷаҳонпаҳлавон одамони сарбаланд

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта) Баъди мағлубият дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон паҳлавони номдори муғул, ду карат Чемпиони ҷаҳон Хуланбатор Боямунхӣ дар як мусоҳибааш гуфтааст: «Ман ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо дили пур омадам. Ниятам қатъӣ буд. Дар дил боварӣ доштам, ки медали тиллоро соҳиб мешавам. Сад афсӯс, ки бахти варзишӣ аз ман рӯй тофт. Дар дақиқаҳои аввал бартарӣ ҷониби ман буд. Аммо ӯ дар дақиқаҳои охирин бо ҳиллаи нокушодаи хеш тавонист, ки маро сари зону шинонад». Баҳои Т. Фудзиҳораи ҷопонӣ чунин аст: «Дар қувваозмоӣ Саидмуъмин Раҳимов чунон тез амал намуд, ки ман дар панҷаи оҳанини ӯ худро бечора дидам». Оре, ӯ ҳамчун сармураббӣ дар тарбияи фарзандони калони хеш Сайидаҳтаму Фахриддин ва шогирдонаш Ҷангихон Давлатов, Хайрулло Назриев, Носир Бозоров, Шамсу Қамар Киромовҳо, Расул Боқиев ва даҳҳо дигар саҳми бузург гузошт. Онҳо бо ҳунари баланди хеш борҳо дар толорҳои бузурги дунё Парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд. Ҷонфидои варзиш Саидмуъмин Раҳимов аз пирӯзиҳои шогирдон шод гашта, қалбаш ба ҷӯш меомад. Пирӯзии онҳоро, пеш аз ҳама, пирӯзии хеш медонист. Эҳсос мекард, ки дар зиндагӣ беҳуда назистааст ва аз нақши умраш дигарон низ баҳра бардоштаанд. Рӯзноманигоре дар як мусоҳибаи хеш аз ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мепурсад:

Қиссаи ҳуҷҷатӣ - Боварӣ доред, ки баъд аз Шумо дар риштаи гӯштини самбо ягон паҳлавони дигари тоҷик унвони чемпиониро соҳиб шавад? - Не, - мегӯяд дар ҷавоб ӯ. - Чаро? - Роҳ ёфтан ба ин қулла хеле сангин аст... Ба ин ҷавоби паҳлавони бистунӯҳсола он вақт на ҳама розӣ буданд. Баъзеҳо ин хулосаи ӯро як худписандиву мағрурӣ ҳисобиданд. Аммо баъдтар, бо гузашти солҳо, ҳамагон ба хулоса омаданд, ки андешаи паҳлавон дуруст аст. Ҷои тааҷҷуб нест, ки то имрӯз касе бар пояи ӯ нарасидааст. Ҳатто гуфтан мушкил, ки боз чӣ қадар солҳо интизор шудан мумкин аст. Сари ҳамин мавзӯъ, баъди бозгашт аз мусобиқаи бонуфуз яке аз шогирдонаш, ки табиатан шӯх буд, аз ҷаҳонпаҳлавон мепурсад: - Устод чаро мо бо вуҷуди ин қадар ҷонканиҳо ба қуллае, ки Шумо фатҳ намудаед, намерасем? Ӯ аз ин пурсиши шогирд лаҳзае хомӯш монда, пасон ҷавоб мегӯяд: - Ҷонканиҳоятон ҳанӯз кам аст. - Чӣ хел? - Магар бо пилтакамон шерро зада афтондан мумкин аст? - Не, - ҷавоб медиҳад шогирд. - Пас, нерӯву машқи шумо ҳам кам аст. Майдон танҳо аз далер аст. Нисбат ба рақиб далерона бояд рафтор кард. Чунон зебо, боҳунарона бардошта задан лозим, ки ҳама қоил шаванд. Дигар ҷои забонхоиву баҳонаҷӯӣ намонад. Ҳатто доварони қаҷбин ангушти ҳайрат бигазанду бе ягон гап ҷонибдорат шаванд. Хулоса, пирӯзии шумо, дар дасти худи шумост. Чӣ, гумон

мекунед, ки устодони мо Азалшо Олимов ва Искандаршоҳ Раҳматуллоев ба осонӣ шӯҳрат пайдо намудаанд? Ҳаргиз! Онҳо ҷонфидои роҳи варзиш буданд. Бо рақибони хеш танҳо бо нерӯи бузург дастболо шудаанд. Дунёи гӯштинро дунёи худ медонистанд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар зиндагӣ ба қадри ҳама мерасид. Хоксориро шиори зиндагӣ медонист. Бо нони ҳалоли деҳқонӣ камол ёфт. Карру фарро чашми дидан надошт. Он чи ки аз дасташ меомад, ҳамонро баҳри некӣ раво медонист. Дасти фитодае мегирифту пуштибонаш мешуд. Ҳаргиз худситоӣ намекард. Хуб медонист, ки ба кас баҳои ҳақиқиро танҳо мардум дода метавонад. Ӯ афсӯс мехӯрд, ки мардум ба қадри истиқлолият нарасиданд. Ба ҷои рушду нумуъ, зебопарастиву варзиш аз гумроҳӣ Ватанро ба коми оташ тела доданд. Ҳазорон бегуноҳ қурбони ҷанги бемаънӣ шуданд. Хории миллатро дарду доғи хеш медонист. Аз шикаст андар шикаст ва аз даст додани бародарони ҳамхун, ёрону шогирдони азиз дилаш дигар бардошт накард. Оқибат марги бераҳм дар авҷи шӯҳрат ӯро домангир шуд. Саидмуъмин Раҳимов субҳи 13 феврали соли 2009 дар синни 63, бар асари сактаи қалб аз олам гузашт. 14 феврал дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Калинини пойтахт маросими видоъ ва ҷанозаи ӯ барпо гашт. Сипас, гӯристони маҳаллаи Лучоб ҷаҳонпаҳлавонро абадан ба оғӯш гирифт. Чунин фарзандони фарзона кам ба дунё меоянду зуд мегузаранд. Яъне, чӣ? Аҷал хато кард. Ин марди бузург ҳамеша бо мост. Бо номи ӯ насли имрӯзу фардои миллат ҷовидона ифтихор хоҳанд

кард. Саидмуъмин Раҳимов наздики даҳ сол (1995-2004) роҳбарии Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Чанд муддат Федератсияи гӯштини дзюдои Тоҷикистонро сарварӣ кард. Барои заҳматҳои бузург ва судмандаш бо унвонҳои фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “Барои хизмати шоён” ва ордени “Шараф” сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, таҳти рақами 438 Донишкадаи тарбияи ҷисмониии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов гузошта шуд. Инчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2012, таҳти рақами 723 Ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Темурмалик Деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов ном гирифт.

Раҳими Рафеъзод, Самариддин Асозода, «ҶТ»

истеъдодҳои ҷавон

Фаррух - парчамбардори якҳарбаи шарқӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

Дақиқае чанд рӯи нишастгоҳи назди нимпайкараи Сайидмуъмин Раҳимов нишастем. Ҳамсуҳбатам Фаррухҷон пешниҳод кард, ки раҳораҳ суҳбат кунем. - Роҳгардӣ фоида дорад. Як навъ машқ аст. Вақти нишаст гардиши хуни ҷисми инсон суст мегардад, барои ҳамин кас бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад. Албатта, ба ғайри вақти хобу хӯрокхӯриву мавридҳое, ки нишаста ин ва ё он кореро иҷро мекунед... - Ҷони гапро гуфтӣ, - ба таклифи Фаррух розӣ шуда, дарк кардам, ки Фаррух варзишро ба умри хеш пайваста, бо он омезиш ёфтааст. Дар гуфтугӯ бо варзишгари ҷавон Фаррух Раҳимов ҳаминро низ фаҳмидам, ки ӯ дар оила тарбияи нек гирифта, фарзанди боақлу дӯстоштаи падару модар ва яке аз донишҷӯёни боодобу хушаҳлоқи Донишкадаи тарбияи

ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. - Фаррух ба донишкада дохил шуда, хато накардааст. Ӯ касбашро ба маврид интихоб кардааст. Ҳоло ӯ ифтихори устодон ва донишҷӯён ба шумор меравад. Ҷавонест қавиирода, мехоҳад тамоми нозукиҳои якҳарбаи муосири шарқиро омӯзад. Аз ин рӯ, сари вақт ва дар вақти муайян ба машғулиятҳо ҳозир шуда, супоришҳои устодонро иҷро мекунад. Дар мо ҷавононе, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иш-

тирок карда, дар ҷаҳон Парчами Тоҷикистонро боло бардошта, обрӯи миллатро ҳифз мекунанд, хушбахтона, хеле зиёданд. Ифтихор дорем, ки Фаррух Раҳимов низ дар қатори онҳо ҷой дорад, иброз дошт Акрам Наҷмиддинов, яке аз омӯзгороне, ки Фаррухро ба шогирдӣ қабул кардаву ба ӯ дарси шуҷоатмандӣ меомӯзонад. Фаррух Раҳимов зодаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аст. Соли 1993 дар оилаи коргар ба дунё омада, маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби рақами 45-и зодгоҳ гирифтааст. Соли 2011 баъди хатми мактаб аз рӯи ихтисоси якхарбаи шарқӣ ба факултаи сайёҳии кӯҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шуда, ҳоло донишҷӯи курси сеюм аст. Фаррух ба намуди якҳарбаи шарқӣ аз даврони кӯдакӣ ошноӣ дошта, орзу мекард дар ин ришта варзишгари номдор шавад. Ҳини мактабхонӣ машқҳои гуногунро роҷеъ ба ин навъи варзиш иҷро менамуд. Машқҳоро пай дар пай иҷро карда, сазовори таҳсину баҳои баланди устодони варзиш мешуд. Ҳамин тариқ,

сол ба сол ба худ боварӣ ҳосил карда, аз тамрину сабақҳои устодонаш пурсамар истифода мекард. Аллакай, дар даҳсолагӣ дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ байни наврасон иштирок карда, сазовори ҷои дуюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ёздаҳсолагӣ ба гирифтани мақоми якум мушарраф гашт. Мувафаққиятҳои Фаррух тадриҷан афзуда, чун варзишгари ҷавон ва умедбахш дар ин ҷода мақом ва манзалати варзиширо соҳиб мешуд. Аснои хонандаи мактаб будан дар мусобиқаҳои як қатор мамолики ҳамсоя ва берун аз он иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Бо медалу ифтихорномаҳо қадршиносӣ, борҳо ғолиби мутлақи сабқатҳо шудааст. Фаррух Раҳимов ҳоло соҳиби шаш медали тилло, се нуқра, ҳафт медали биринҷӣ ва наздики чил ифтихорномаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Устоди варзиши дараҷаи ҷумҳуриявист. Интизор меравад, ки моҳҳои наздик мақоми Устоди варзишии дараҷаи байналмилалиро аз навъи каратэ ба даст овард. Ин

ҳама дастовардҳо бозгӯи онанд, ки қаҳрамони мо соҳаро тасодуфан ихтиёр накардааст. Балки ӯ варзишгари ҷавонест, ки дар соли 2013 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми ба номи Сумкар иштирок карда, сазовори мақоми аввал ва барандаи “Ҷоми булӯрин” шудааст. Он замон ҳакамони мусобиқот ба хулосае омаданд, ки бо шарофати Фаррух Раҳимов мусобиқоти навбатиро соли 2014 дар шаҳри Ҳуҷанди бостон гузаронанд. Ин шараф ва ифтихори бузург аст. Фаррух дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба якҳарбаи шарқӣ, ки 2025 марти соли ҷорӣ дар давлати Лаҳистон баргузор мегардад, шарафи варзиши мамлакатро ҳимоят карданист.

P.S.:

Фаррух аз табори наздики ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов буда, сулолаи паҳлавонии бобои меҳрубонашро идома мебахшад.

Сироҷиддин ПӮЛОДОВ, рӯзноманигор


мо мебошанд. Адиби имрӯзаи тоҷик аз онҳое, ки дар замони шӯравӣ зиндагию эҷод кардаанд, масъулияти бештареро

аз боду борон газанд». Дар асрҳои миёна вазифаю рисолати адабиёт дар ҷомеа хеле васеъ гардид. Тадриҷан адабиёт вазифаҳои тарбияи маънавӣ, ақлонию зеҳнӣ ва зебоишинохтӣ пайдо кард. Дар замони нав ва махсусан, дар давраи мо адабиёт ба як василаи муҳими шинохти баду нек, пастию баландии зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба воситаи инсоншиносӣ табдил ёфт. Вазифа ё рисолати адабиётшинос дар замони мо ба хонанда кушода додани моҳият, маъно ва ҳадафи осори адибон мебошад. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои мафкуравию худкома адабиётшиносону мунаққидони адабӣ ҳам ноилоҷ тобеи идеологияи ҳукмрон мегарданд ва моҳияти асари адабиро ба суди мафкураи ҳоким тафсир менамоянд. Ин адабиётшиносӣ умри дароз надорад. Чунонки мову шумо онро дар гузаштаи начандон дур мушоҳида кардем. - Имрӯз дар майдони адабиёт ҷилваи нерӯҳои зеҳнии миллат чӣ гуна аст? Оё осори таълифнамудаи адибон ба зиндагии воқеии мардум ҳамоҳангӣ дошта, дардҳои ҷомеаи муосирро бозгӯ карда метавонанд? - Мо имрӯз ва дирӯз ҳам адибони соҳибҳунару тавоно зиёд доштем. Вале адабиёт як қонунияти хоси худро дорад. Ҳар давру замон, чунонки мегӯянд, қаҳрамонони худро дорад, адибон ҳам ҳамин тавранд. Азбаски адабиёт зиндагии одамонро инъикос мекунад, адибон ҳам вобаста ба ниёзҳои ҷомеаи замони худ асар меофаранд. Вале адибони боистеъдоду бузург, ки моҳияти умумибашарии мавзӯъҳои замони худро мекушоянд, осори онҳо умри дарозу тӯлонӣ пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат осори устод Айнӣ, шеъри Лоҳутию Турсунзода, қиссаю романҳои Ҷ. Икромию С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиеву П. Толисро ҳам имрӯз ва ҳам фардо мехонанд. Адибони имрӯзаи мо ҳам дардҳои ҷомеаро ба қадри тавони худ гуфтанд ва гуфта истодаанд. Шеъри Лоиқ, Гулрухсор, Гулназар, асарҳои Кӯҳзод, Сорбон, С. Турсун, А. Самад, К. Мирзоев, С. Раҳим, Баҳманёр, М. Солеҳ ва дигарон бозгӯи бадеии воқеияти рӯзгори

бар дӯш дорад. Айни замон хонандагони тоҷик ба адабиёти умумифорсӣ, ки дар қаламрави имрӯзаи забони форсӣ офарида мешавад, дастрасӣ доранд. Адиби имрӯза бо андешаи ба ин майдони бузурги адаб ворид гардидан бояд асар нависад. То ҷое ки ман мушоҳида кардам, аз шоиру нависандагони имрӯзаи мо дар Эрону Афғонистон Баҳманёр, Сайф Раҳим, М. Солеҳ, Фарзона, Аҷамӣ, Низом Қосим, Сиёвуш, Р. Ваҳҳоб ва чанд тани дигар хонандаю ҳаводорони каломи худро доранд. Ин аз як ҷиҳат боиси ифтихор ҳам ҳаст. - Чун Шумо бештар сари мавзӯи романи тоҷикӣ пажӯҳиш мекунед, мехостам ба баҳси он ки нахустин романро дар адабиёти тоҷикии садаи ХХ С. Айнӣ ё П. Сулаймонӣ офарид, равшанӣ андозед? - Истилоҳи роман дар он солҳое, ки устод С. Айнӣ ё П. Сулаймонӣ менавиштанд, ҳанӯз ба маънои имрӯза фаҳмида намешуд. Устод С. Айнӣ пеш аз «Дохунда» қиссаҳои «Ҷаллодони Бухоро» ва «Одина»-ро навишт ва онҳоро устод дар чанд ҷой роман мегӯяд, ё дар як мақолаи худ қиссаи «Сайёҳи ҳиндӣ»-и А. Фитратро ҳам «асари романмонанд» гуфтааст. Яъне, дар он солҳо ҳар гуна асари андак бузургро роман мегуфтанд. Чунонки дар Эрон кулли осори адабии мансурро достон ва насрро адабиёти достонӣ мегӯянд. Дар мавриди романи нахустин будани «Дохунда» дар адабиёти тоҷикии аҳди шӯравӣ бояд ҷои баҳс набошад, зеро асари мазкур нахустин таълифоти бузурги навъи ҳамосӣ дар ҳамаи давра буд. Аз асари П. Сулаймонӣ, ки ҷо-ҷо ёд мешавад, танҳо номаш вуҷуд дорад, вале худи он на чоп шудаасту на ба дасти хонанда расидааст. Ин гуна асарҳои номатбӯъ дар он солҳо хеле зиёд буданд, бо ин ё он мулоҳиза муаллифон онҳоро на ба чоп расонидаанду на ба касе нишон додаанд. Дар шаҳри Самарқанд яке

аз ҳамқаламону ҳамсафони С. Айнӣ Қ. Абдухолиқзода ба корҳои тарҷумонию рӯзноманигорӣ машғул будааст. Баъди

«Адиби имрӯз масъулияти бештар дорад» Суҳбати журналист

Валиҷон Баёнӣ бо доктори илмҳои филология, профессор Шамсиддини Солеҳ чандин соли аз дунё гузаштани ӯ, чанд сол пештар набераҳояш дастхатҳои ӯро пайдо карданд, ки иборат аз чанд қиссаю роман мебошад. Онҳо бо кӯмаки аҳли адаби Самарқанд романи «Ишқи духтари кӯҳсор»-ро ба чоп расониданд. Ин асар аз нигоҳи мавзӯю мӯҳтаво ва созмони адабию бадеӣ ба «Дохунда»-и С. Айнӣ хеле шабеҳ аст. Ин асар ҳам тақрибан дар ҳамон замоне таълиф шудааст, ки устод Айнӣ асарҳои насрии худро менавишт. Вале барои адабиёт ва илми адабиётшиносӣ муҳим нашри осори адабӣ аст. Таърихи асари нависандаро аз рӯзи нашри он ба қайд мегиранд. Аз ин ҷиҳат, дар мавриди погузори насри нави тоҷикӣ будани устод С. Айнӣ набояд ягон зарра шубҳа бошад. Зеро ӯ на танҳо асарҳои навоварона офарид, балки тафаккури адабиро ба куллӣ дигар намуд ва мактаби адабии худро ба вуҷуд овард, ки он то имрӯз идома дорад. - Имрӯз дар майдони адабиёти ҷаҳон аламбардори адабиёту фарҳанги миллати мо кадом романҳоянд? - Мутаассифона, ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз барои тарҷумаю тарғиби дастовардҳои адабиамон ба таври лозимӣ накӯшидем. Ман иллати онро намедонам, вале дар ин самт ҳамеша як карахтӣ ва беҳавсалагиро дар байни аҳли адаб мушоҳида мекунам. Он асарҳое, ки ба забони русӣ ва аз тариқи он ба дигар забонҳо тарҷумаю нашр гардидаанд, вобаста ба ниёзҳои ҷомеаи шӯравӣ буд. Ман ба истиснои «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Духтари оташ»-и Ҷ. Икромӣ, «Субҳи ҷавонии мо» ва «Восеъ»-и С. Улуғзода дигар роману қиссаҳоеро номбар карда наметаво-

нам, ки дар хориҷ аз кишвари мо шӯҳрат дошта бошанд. Вале ин маънои онро надорад, ки нависандагони мо асарҳои хубу сазовори тарҷума ба забонҳои дигар наофарида бошанд. Дар ҳамон давра роману қиссаҳои хуби Ф. Муҳаммадиев, Кӯҳзод, С. Турсун, Сорбон, А. Самад ба таври лозимӣ тарҷумаю тарғиб нашуда буданд. Адибони насли ҷавонтари мо сатҳи насри тоҷикиро хеле баланд бардоштанд, вале касе дар ғами тарҷумаю дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ кардани онҳо нашуд. Баҳманёр, Сайф Раҳим, М. Солеҳ, М. Сайдар, Қ. Рустам, М. Аҳмадова ҳар яке тавассути роман ва қиссаю ҳикояҳои худ як ҷаҳони рангини бадеӣ офариданд, ки ба дигаре монанд нест. Ин ҳама бозёфтҳои адабии тоҷикон дар охири садаи ХХ ва ибтидои асри ХХI аст, вале то имрӯз касе дар андешаи тарҷумаи асарҳои ин адибон нест. Ман панҷ-шаш соли охир ҳар шумораи маҷаллаи маъруфи «Дружба народов»-ро аз тариқи интернет мебинам. Дар ҳар шумораи он намунаҳо аз адабиёти арманӣ, гурҷӣ, белорусӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ тарҷумаю нашр мешаванд, вале аз адабиёти тоҷик ягон чиз ба назар намерасад. Дар ин самт, ба назари ман, бояд як барномаи махсусе таҳия ва пиёда шавад. Чунки мо имрӯз донандагони хуби забонҳои хориҷӣ дорем, танҳо аз байни онҳо касони ба адабиёт майлу рағбатдоштаро бояд пайдо карда, ба кори тарҷумаи осори адабиёти тоҷик ба забонҳои дигар ҷалб намуд. Ин раванд, агар оғоз шавад, баъдан ҳавасмандҳо зиёд хоҳанд шуд ва минбаъд ин кор худ аз худ идома меёбад. - Дар муҳити адабии имрӯз ҳастанд монеаҳое, ки рушди адабиёт ба онҳо бештар вобастагӣ дошта бошад? - Ин, пеш аз ҳама, мушкилиҳои иқтисодӣ, ки дар ҷомеа ҷой доранд. Айни замон ҳам адибон ва ҳам хонандагон гирифтори ҳамин мушкиланд. Адиб асар менависад, вале ҳаққи заҳматашро намегирад, ё гирад ҳам, он хеле ночиз аст. Хонандагон ҳам дар навбати худ имкони молии хариди китобро надоранд. Он моҳонае, ки як нафар мегирад, ба харҷи хонаводааш намерасад. Аз куҷо шумо метавонед китоб харед? Акнун ки низоми иқтисоди бозорӣ ба ҷомеаи мо сар даровард, муҳити адабӣ ва умуман, адибон ҳам бояд ба ин низом мувофиқ шаванд, роҳи дигар нест. - Ҳоло Шумо сардори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастед. Ин ниҳод чи вазифаю ҳадафҳо дорад? - Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Ҳангоми ифтитоҳи бинои китобхона Сарвари кишвар ба хотири эҳтирому таваҷҷуҳи хосае, ки эшон ба забони модарӣ доранд, барои фаъолияти чунин ниҳод ишора карданд. Ба ҳамин хотир, роҳбарияти китобхона самтҳои фаъолияти онро муайян кард. Дар тӯли бештар аз як соли фаъолияти конун корҳои зиёде созмон дода шуданд, ки муҳимтарини онҳо нашри як силсила китобҳои муҳим, роҳандозии курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташкили Осорхонаи забони тоҷикӣ ва ғайра мебошад. Конун дар оянда низ нақшаҳои хуб дорад, ки он, пеш аз ҳама, тарғибу амалӣ сохтани сиёсати давлат дар мавриди ҳаматарафа густариш додани забони давлатӣ мебошад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

- Мехоҳам дар оғози суҳбат назари шуморо дар мавриди рисолати адабиёт ва адабиётшинос дар ҷомеа фаҳмем? - Адабиёт яке аз муҳимтарин василаи тарбияи инсон аст. Ҷомеаи инсонӣ дар тӯли таърихи зуҳуру инкишофи худ ҳамеша барои бароварда кардани ниёзҳои хеш василаҳое меофарад ва ба ин восита худ ва ҷомеаро ба пеш мебарад. Адабиёт ҳам яке аз ҳамин гуна офаридаҳои башарият мебошад, ки он таърихи қадима дорад. Дар ибтидо он дар шакли асотир, суруд, афсона ва ғайра зуҳур намуда, аз насл ба насл, аз сина ба сина интиқол мегардид. Баъдан, баробари зуҳури хат ва расм шудани китобат ҳамаи он осори шифоҳӣ тадриҷан ба шакли мактуб даромад. Намунаи барҷастаи он «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мебошад. Ҳакими Тӯс дар заминаи достонҳо ва устураҳои қадимии эронӣ ин шоҳкории бузурги адабиро офарид, ки он ба қавли худаш «наёбад

11

e-mail: javonontj@mail.ru

дар партави мулоқоти президенти мамлакат бо зиёиён


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

12

варзиши сабук

футбол

Бохти сеюми “Равшан” дар Ҷоми КФО 18 март даври сеюми Ҷоми КФО (гурӯҳи “А”) миёни дастаҳои “Равшан” (Тоҷикистон) ва “Зат Рас” (Урдун) доир гашт.

«Дави Наврӯзӣ» дар Рӯдакӣ 15 марти соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз Дави наврӯзӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 1000 нафар иштирок варзиданд. Ҷойҳои намоёнро миёни духтарон Диана Нуриллина, Валерия Серкова, Зулфия Каримова ва байни писарон Салим Ҳасанов, Азизулло Миралиев ва Некрӯз Гадоев ишғол намуданд. Ба ғолибон туҳфаву “Ифтихорнома” супорида шуд. Ҳамзамон, иштирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур бо туҳфаҳо сарфароз шуданд.

Файзалӣ ҚУРБОНОВ, донишҷӯи Коллеҷи фарҳанги ба номи П. Буйдоқов волейбол

Собиқадорон дар майдон

Қабл аз бозӣ, зимни нишасти матбуотӣ Маъруф Рустамов, сармураббии тими “Равшан” гуфт, моро бозии мушкил дар пеш аст. “Мутаассифона, дар бозӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон ду бозингари даста – Абдусамад Ҳоҷибоев ва Даврон Тухтасунов лат бардоштанд ва иштироки онҳо дар бозӣ бо “Зат Рас” номаълум аст. Ба ҳар сурат, мо мекӯшем бозии хуб нишон диҳем”, - гуфт сармураббии “Равшан”. Ба гуфтаи М. Рустамов бо сабаби набудани маблағ даста ба Ҷоми КФО бе омодагӣ ба майдон баромад, ки дар натиҷа ду бозии аввалро бохт. Аҳмад Абӯисмоил, сармураббии “Зат Рас” дар навбати худ зикр кард, ки “Равшан” дастаи хуб аст. Дар ҳайати даста бозингарони тими миллӣ ва легионерони ганагӣ бозӣ мекунанд. Ҳолати майдон (“Металлург”) он қадар хуб нест. Бо ҳамин сабаб бозӣ барои мо осон нахоҳад буд”. Ба гуфтаи ӯ дар ҳайати дастаи

“Зат Рас” се легионер аз Сурияву Миср бозӣ мекунанд. Бозӣ соати 14:00 дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода оғоз ёфт. 10000 мухлиси “Равшан” барои дастгирии даста дар майдон ҳозир буданд. Ҳисобро дар дақиқаи 21 меҳмонон кушоданд. Дар дақиқаи 34 ҳамлагари “Равшан” Нуъмон Ҳакимов ҳисобро баробар кард – 1:1. Аммо дар дақиқаи 36 меҳмонон ҳисобро афзуданд.

Дар дақиқаи 80 мизбонон низ голи дуюми дастаашонро зада, ҳисобро мусовӣ карданд – 2:2. Вале дар дақиқаи 90 меҳмонон голи сеюмашонро зада, ғалаба карданд. Тими “Равшан” дар ду бозии аввал низ аз тимҳои “Сувайқ”-и Уммон (1:3) ва “Сафо”-и Лубнон (1:2) шикаст хӯрда буд. Дар даври чорум 2 апрел «Равшан» боз бо «Зат Рас», вале дар меҳмонӣ вомехӯрад.

Ҷоми ФФТ ба марҳилаи ниҳоӣ расид 17 марти соли равон бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Як моҳ боз дар толори варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Мактаби байналмилалии президентӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Шӯрои ҷамъиятии варзишии «Ҳосилот» миёни собиқадорон мусобиқаи волейбол ҷараён дошт. Дар мусобиқа дастаҳои шуданд. Дастаи волейболи волейболи Кумитаи иттифоқи Кумитаи иттифоқи касабаи касабаи маориф ва илм, ДДОТ маориф ва илми ҷумҳурӣ ба номи Садриддин Айнӣ, дар даври ниҳоӣ бар дастаи ДДҶТ ба номи Саидмуъмин ДТҶТ ба номи С. Раҳимов Раҳимов, Маркази миллии бо ҳисоби 3:1 пирӯз оматиббии Тоҷикистон, Коллеҷи да, ғолиб ва соҳиби Ҷоми тиббии шаҳри Душанбе, мусобиқа гардид. Ҷойи сеШӯрои ҷамъиятии варзишии юмро дастаи ноҳияи Рӯдакӣ «Динамо» ва ноҳияи Рӯдакӣ ба даст овард. Ғолибон бо ширкат доштанд. “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои Дар остонаи Иди байнал- молӣ сарфароз гардиданд. милалии Наврӯз мусобиқа Мирзо НУРАЛИЕВ, «ҶТ» ҷамъбаст ва ғолибон муайян

Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат рақибонашонро мағлуб карда, ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. “Истиқлол” ба дарвозаи “Равшан”, ки бо ҳайати дуюм бозӣ дорад, 6 голи беҷавоб зад. Ҳисобро дар дақиқаи 10 Дилшод Восиев кушод. Баъди ду дақиқа Ҷаҳонгир Эргашев ҳисобро афзуд. Голи сеюмро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 17 зад. Виллер Соуза Оливейра дар дақиқаи 32 ҷаримаи

ёздаҳметраро хуб истифода бурд. Ду голи дигарро Умедҷон Шарифов дар дақиқаи 38 ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 81 ба ҳадаф расонданд. “Хайр” тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Алишер Улмасов дар дақиқаи 115 зад. Дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” барои ҷои сеюм мубориза хоҳанд кард.

шоҳмоту шашка

Ҷалби рӯзноманигорон ба варзиш Дар бинои «Кохи матбуот»-и шаҳри Хужанд чанде қабл мусобиқа оид ба намуди шоҳмот ва шашка бахшида ба Рӯзи матбуот баргузор шуд, ки дар он 19 нафар рӯзноманигор ширкат варзиданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа аз рӯи намуди шоҳмот Шералӣ Эгамбердиев, корманди рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» ба гирифтани ҷои якум, Неъмати Оташ, сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» ҷои дуюм ва Анвар Олимов,

корманди маҷаллаи «Паёми Суғд» ба гирифтани ҷои сеюм ноил шуданд. Ҳамзамон, аз рӯи намуди шашка Дилбар Усмонова ба гирифтани ҷои якум, Рита Фазилова, ҷои дуюм ва Наталя Кутузова, ҳар се корманди рӯзномаи «Со-

гдийская правда» ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардиданд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд тақдим шуд.

Сӯҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»

дзю-до

e-mail: javonontj@mail.ru

Темур - барандаи медали биринҷии Ҷоми Аврупо Темур Раҳимов, варзишгари кишвар, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзю-до байни наврасон, ки дар Туркия доир гашт, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ бо ширкати 389 гӯштингири навраси солҳои таваллудашон 19971999 (246 писар ва 143 духтар) аз 16 кишвар 15-16 март дар шаҳри Анталия баргузор шуд. Тоҷикистонро ҳашт варзишгар ва чор мураббӣ намояндагӣ карданд. Паҳлавони наврас Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бар Камол Каитов аз Русия ва Шамилӣ Гоготчурӣ аз Гурҷистон ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Аҳмад Юлдирими турк мағлуб шуд. Темур барои ҷойи сеюм бар Давитӣ Размадзеи гурҷӣ ғалаба карда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн паҳлавони дигари кишвар Хуршед Маҷидов мақоми панҷумро ишғол намуд. Вай бар Ислом Мамаевоглу аз Туркия,

баъдан бар Элмар Аласкаров (Озарбойҷон), сипас, бар Тедо Тсотсинашвилӣ (Гурҷистон) пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз Воҳид Даурбеков (Русия) шикаст хӯрд. Хуршед барои ҷойи сеюм аз Камол Каитов (Русия) низ мағлуб гашта, аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Русия бо 27 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи Озарбойҷон бо ба даст овардани 10 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва тими Қазоқистон бо 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, бо 1 нишони биринҷӣ ва 1 ҷойи панҷум мақоми 9-умро ишғол кард.


13

эълон

Диққат, озмун Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Номгӯи мансабҳо 1 2 3 4 5

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар толори варзишии намудҳои гӯштини шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба намуди гӯштини миллӣ миёни мактаббачагон доир шуд. Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, дар маҷмӯъ, 270 нафар дар 20 вазн ширкат варзиданд. Дар натиҷа, варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ ба гирифтани мақоми якум, дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷои дуюм ва дастаи шаҳри Чкалов ба гирифтани ҷои сеюм сазовор гардиданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд тақдир шуданд. Ҳамчунин, дар остонаи таҷлили Наврӯзи аҷам дар рустои Зарафшони ноҳияи

Ҷаббор Расулов мусобиқаи вилоятии гӯштини камарбандӣ баргузор шуд, ки дар он варзишгарон аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Шаҳристон, Зафарабод, Ғончӣ, Спитамен дар вазнҳои аз 60 то 100 кило ва бештар аз ин ширкат варзиданд. Дар вазнҳои мухталифи мусобиқа варзишгарони мактаби варзишии наврасони вилояти Суғд, мактаби варзишии Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов, Истаравшану Шаҳристон бо нишон додани маҳорати баланд соҳиби мақомҳои намоён ва

паралимпиада

Пирӯзии Русия дар Паралимпиада Бозиҳои XI зимистонаи паралимпии Сочӣ бо пирӯзии тими мунтахаби Русия ба анҷом расид. Варзишгарони Русия 80 медал - 30 тилло, 28 нуқра ва 22 биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи Олмон, ки 9 медали тилло, 5 нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард, сазовори ҷои дуюм шуд. Канада бо 16 медал – 7 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор гирифт. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Русия бо 80 медал ҷойи аввал, Украина бо 25 медал ҷойи дуюм ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 18 медал ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Умуман, варзишгарони 19 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Сочиро ба даст оварданд ва намояндагони 15 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ мушарраф шуданд. Ба барномаи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷхоккейи рӯи ях дохил буданд. Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

ҷоизаву мукофоти мусобиқа гардиданд. Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят зимни супоридани ифтихорномаву мукофот аз рушди ин навъи варзиш изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ташаббускорон, соҳибикороне, ки баргузории ин мусобиқаи бузургро сарпарастӣ намудаанд, “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳуриро супорид.

Анӯшервон НУРАЛИЗОДА, шаҳри Хуҷанд

футболи бонувон

Футболбоздухтарони тоҷик дар Шри-Ланка Тими миллии бонувони мамлакат оид ба футбол (U-14), таҳти роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар мусобиқаи минтақавии Осиё, ки 20-25 марти соли равон дар шаҳри Колумбаи Шри-Ланка баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Дар ин мусобиқа, дастаҳои бонувони навраси давлатҳои Эрон, Шри-Ланка (дастаи мизбон), Бутан, Ҳиндустон ва Непал бо футболбоздухтарони навраси мо сабқат мекунанд. - Ташкил кардани дастаи футболи бонувон осон набуд, - гуфт зимни сӯҳбат С. Бобокалонов. - Сабаби асосӣ набудани дастаҳои футбол байни бонувон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин монеъ шудани падару модарон барои иштироки духтаронашон дар мусобиқаҳо душвориҳоро пеш меорад. Хоҳиш мекунам, ки духтарони аз 8 то 12-солаи завқманд барои машқи доимӣ (машқҳо ройгон) ба варзишгоҳи марказӣ биёянд. Моҳи августи сори ҷорӣ бозиҳои ниҳоии Осиё байни бонувони то 16-сола доир мегардад. Умед дорам, бонувони ҷавони мо иштирокчии ин мусобиқа хоҳанд шуд.

А. МУТАЛЗОДА

6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Мутахассиси бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

854.55 854.55 773.55 738 738 738 702 702 702 698 635 603 576 576 576 576 576 576 576 576 522 472.50 472.50 472.50

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми андозаи 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол: - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

e-mail: javonontj@mail.ru

Оғози Наврӯз бо гӯштини миллӣ

Мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара Мутахассиси пешбари Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир

Маоши вазифавӣ

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

варзиши наврӯзӣ


«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

14

шеъри баҳор Абдураҳим МУТАЛЗОДА

Нуруллоҳи Ориф

Эй Худо Эй Худо, Наврӯзро поянда дор, Тоҷикистони маро фархунда дор. Ҳар шабу ҳар рӯз дар роҳи дуруст Мардумашро бо лаби пурханда дор. Эй Худо, аввал Худо, охир Худо, Бар ҳама кор аз азал қодир Худо. Тоҷикистон баҳри ман чун ҷаннат аст, Аз тамоми моли дунё қимат аст. Баҳри ҳар як фарди беақлат басо Меҳмон болои обу иззат аст. Эй Худо, Наврӯзро поянда дор, Тоҷикистони маро фархунда дор. Ҳар шабу ҳар рӯз дар роҳи дуруст Мардумашро бо лаби пурханда дор. Эй Худо, аввал Худо, охир Худо, Бар ҳама кор аз азал қодир Худо. Ҳокими арзандаи баҳру барам, Кам макун аз сина меҳри кишварам. Ояд аз дил, ояд аз ҷон ҳар нафас, Бар бузургии ту ё Раб, боварам! Эй Худо, Наврӯзро поянда дор, Тоҷикистони маро фархунда дор. Ҳар шабу ҳар рӯз дар роҳи дуруст Мардумашро бо лаби пурханда дор. Эй Худо, аввал Худо, охир Худо, Бар ҳама кор аз азал қодир Худо.

Базми Наврӯз Орад ба қалби кас сӯр, Дидори нарми Наврӯз. Пурнакҳат асту дилкаш, Оғӯши гарми наврӯз Пироҳани пур аз гул Пӯшад ба тан табиат. Чун маҳвашон бирақсад, Гулпираҳан табиат. Ёрони ҷонӣ ояд. Як-як ба базми Наврӯз Аз умқи синаҳотон Шояд равад каме сӯз.

Гули доимбаҳор Чун гули доимбаҳори бехазон мехоҳиям, Субҳидам ҳамчун гулистон арғӯвон мехоҳиям. Бе ман ороме надорад ҷони дар ғам банди ту, Дар канорат ёр, чун ороми ҷон мехоҳиям. Гаҳ ба яғмо мебарам ҳуши туро бо як нигоҳ, Ман чу дуздам, ту ба мисли посбон мехоҳиям. Рӯзи сарду шоми тира бе ягон ҳарфи дурӯғ Мисли моҳу офтоби зарфишон мехоҳиям. Дар миёни дӯстон, дар бӯстон ёри азиз, Ахтарам, дидан ба тоқи осмон мехоҳиям. Боз мебинӣ, ки бе ман мешавад рӯзат сиёҳ, Осмониям вале дар остон мехоҳиям.

Дар дили ман Валиҷон БАЁНӢ

Боз меояд баҳор… Боз меояд баҳори хушхироми ранг-ранг, Бо сарандозе гулобирангу абрӯи қашанг. Бӯсаҳои гарми борон мекунад бедор боз Духтари сабзинарӯи хокро аз хоби ноз. Боз базми нози атромези гул сар мешавад, Боз ҳам ошиқ асири нози дилбар мешавад. Гул таҳорат мекунад бо шабнами ноби саҳар, Рӯҳ роҳат мекунад аз накҳати гулҳои тар.

Гули наврӯзии ман, моили ман, Бикун лутфе, биё бар манзили ман. Таманнои туро дорам шабу рӯз, Биё, баҳри Худо, эй ҳамдили ман. Туро мехоҳам, эй хуршеди ҷонам, Сафои туст дар обу гили ман. Маро аз бахт набвад шиквае ҳеҷ, Туӣ иқболи умру ҳосили ман. Макун андешаи бисёру боз о, Биё, ҷои ту бошад дар дили ман.

Дар ҳарими хеш гул нози намозӣ мекунад, Бо сукути сӯфиёна шукрсозӣ мекунад. Бо сабо рақси самоъу сарфарозӣ мекунад, Дар ҳавои сози булбул ишқбозӣ мекунад. Баъди борон мешукуфад мисли рӯи модарон, Гулбуни хуршед дар боғи бунафши осмон. Мешавад олам пур аз гарди гули зебои шед, Зиндагӣ зеботар аз бӯи гули ишқу умед. Эй арӯси поки илҳомам, биё андар бағал, То нисори ту кунам ангуштари шеъру ғазал.

Ҷалолиддин Нуров

Наврӯзи аҷам дидам Дар шишаи чашми ту Наврӯзи аҷам дидам. Эй ёри паричеҳра, монанди ту кам дидам. Ду кулчаи рӯят ҷон, хандон чу гули наргис, Дар чашмату дар рӯят ман боғи Ирам дидам. Зинҳор набикшодам аз баҳри шикоят лаб, Гарчӣ пайи васли ту сад доғу алам дидам. Зеботару хонотар, чун шеъри равон астӣ, Печидани мӯятро дар нақши қалам дидам. Монанди парастуе берун шуда аз лона, Дар чашми дили зорам аз ҳаҷри ту нам дидам.

Баҳор овардаам Ман барои шавқу шӯри ту баҳор овардаам. Атри гулро аз барои ту нисор овардаам. Дидамат бас ташнаӣ, то ташнагият бишканад, Баҳри нӯшат қатрае аз чашмасор овардаам.

Ҳамчу шоир ман ба сеҳри назму бо нӯги қалам Ғунчаеро баҳри ту аз чашми хор овардаам. Дидаро бикшову бингар мисли мурғони чаман Аз бароят хонишу савти ҳазор овардаам. То шавӣ аз ман ризову лаб кушоӣ ғунчавор, Хешро бар пешвозат дар навор овардаам.

Чашми ман сӯи ту буд Як замон дар дили ман шаршараи мӯи ту буд. Чашми ман сӯи туву моили абрӯи ту буд. То даме, ки бо ту дар роҳ қадам мемондам, Дар машоми дили ман накҳати гесӯи ту буд. Буд ҳамрози дилам дар ҳама ҷо пиру ҷавон, То замоне, ки дар ӯ сурати дилҷӯи ту буд. То шавӣ пухтатар аз баҳри ман, эй мояи умр, Дар танури дили ман кулчаяки рӯи ту буд. Дар баҳоре, ки гулафшон шуда паҳнои диёр, Дили ман як гули худрӯи лаби ҷӯи ту буд.

Амир Сайиди МУНКӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

Наврӯзи навин сар шуд! Наврӯзи навин сар шуд, Ҳар лола чу соғар шуд. Аз бӯйи гули райҳон Атроф муаттар шуд.

Аёми баҳор омад, Ҳар нахл ба бор омад. Бо нусрати Истиқлол, Шодӣ ба диёр омад.

Наврӯз муборак бод! Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод! Наврӯз муборак бод!

Бошад, ки чунин бошад, Хушранг замин бошад. Ҳар тугмагули қоқу, Чун чатри замин бошад.

Наврӯз ҷаҳонӣ гашт, Ҳамрамзи ҷавонӣ гашт. Бо Ваҳдати хуш ин рӯз Иди ҳамагонӣ гашт.

Наврӯз муборак бод! Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод! Наврӯз муборак бод!


Хотима, поён

Меваи хориљии калон

… Кумар, ситораи кинои њиндї

Яке аз занњои бињиштї

... Муњаммадљонов, актёри тољик

Кишвари саргањи Роњи бузурги абрешим

Нушокии газнок, …кола

Ќисми шаффофи тиреза

Мизу курсї чортої доранд

Тоза

Шабакаи ТВи тољик

Љузъи сура

Сухани охирини ѓолиб дар шоњмот

Сифр (русї)

Пойтахти Белгия

Моњи дањуми сол

Сабзавоти сабз

Шумори футболбозони як тим

Овозхони эронї

Љовидонї

Номи њарфи J дар алифбои англисї

Полвон ё Љулбарс њамчун њайвон

Чењра, симо

Њарфи чоруми алифбои англисї

Љумњурї дар Русия, пойтахташ Махачќалъа

Тори оњанин

Паррандаи хонагї

Ќоидаи либоспўшии зани мусулмон

... Шарифї, сарояндаи тољик

Хиёнатгар

Љумъа …, адиб

Либоси варзишї

«Гулшан», «Зебо» ё «Падида»

Зинати дасти зан, браслет

Пойтахташ Баѓдод

Ноњия дар вил. Суѓд

Шарм

Талаба дар он менависад

Номи душмани Љерри (мулт.)

Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер

Шиновар

Њайвони хонагї

«Рафиќ»-и табар

Гуноњ, камбудї

Хонаи парранда

«... бисуду фурў рехт њар чї дандон буд»

Нотавон, беќувват

Тез, фавран

Шакли кўтоњи номи Елизавета

Холї, мањрум

Бо ин калима даст ба рўи мебаранд

Ситораи Асбоби рэпи дуредтољик гарї

Нобиної

Нангу номус

Дабистон, таълимгоњ

Масъаларо чї кор мекунанд?

«…-Ќоида»- созмони террористї

Картошкабирёни ѓарбї

Њарфи аввали «Калимаи шањодат»

Навъи мева

Одам дорад, њайвон не

Сулњи баъди љанг Кумитаи амнияти СССР (ихтисораи русї)

Њайвони даштии чаранда

Афту андом, рўй

Тири соат

Ранљ, азоб

Сабаб барои бахшиши гуноњ

Чўб барои нонпазї

Каломи ѓайриманзум

Хазина, кон

… Азизов, сароянда

Адади хурдтарини дураќама

«Доллара ба сомонї … мекунї?» (лањљ.)

Сенбернар, чўпонї ё булдог …и саг

Луќма, нонпора

Нодон, бефањм

Рубл ё евро

Пайѓамбари киштидор

… Рао, ситораи кинои њиндї

e-mail: javonontj@mail.ru

Кори шоир ё рассом

Имоми Аъзам Абу …

Љалол ..., нависанда

Оби дида

Боздошт, дастгиркунї

Рўйхати хўрокњо дар ошхона

Исён, балво

Массаж

Квадрат чорто дорад

«Чархбол» ба забони русї

Моњии ба мор монанд

Њиссиёти ба ошиќон хос

Чўби дароз

Нависандаи амрикої Майн ...

Ноомади кор Њабсхона, зиндон

… Деви, ситораи кинои њиндї

Вале, лекин

«Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

15

варзиши ақл


16 «Ҷавонони Тоҷикистон», №12 (9334), 20 марти соли 2014

табассуми рассом Муассис:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сармуҳаррир

Самариддин Асоев

фароғат

- Беморӣ не, истеъдод дорад!

- Духтур, ман рӯзи дароз бо ӯ гап мезанам, аммо вай ҳатто як калима ҳам ҷавоб намедиҳад. Шояд ягон беморӣ дорад?

Ҳайати эҷодӣ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

сайфиддин суннатӣ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ашрафи афзал (муҳаррири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ ҳасан азизов (хабарнигорон),

Нуралӣ Нуров (хабарнигор, Суғд),

раҳим рафиев,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек Юсуфбеков, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7403 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

нигоҳи дигар

Онҳо дар қабристонанд Оилае аз Италия ба Амрико кӯч мебандад. Мехоҳанд хонаи иҷорае пайдо карда, зиндагиашонро дар ин кишвар идома диҳанд. Вале бо сабаби он ки ҳафт кӯдак доштанд, ба осонӣ иҷора ёфта наметавонанд. Ҳар боре, ки иҷорадиҳандагон онҳоро бо ҳафт кӯдакашон медиданд, аз додани иҷора даст мекашиданд.

Ин ҳол дер давом кард. Онҳо акнун ноумед мешуданд. Рӯзе зан ба шавҳараш гуфт: - Биё вақти бо иҷорадиҳандагон вохӯрдан, бачаҳоро бо худ намебарем. Пурсиданд, мегӯем, ки кӯдак надорем. Баъди хонаро гирифтан, кӯдакҳоро меорем. Касе намефаҳмад. Агар рафту фаҳманд ҳам, наход моро пеш кунанд... Вале марди хонадон, ки шахси диндор буд, пешниҳоди ҳамсарашро рад кард. Иҷораёбии

оилаи итолиёӣ тӯл кашид. Рӯзе эълонеро дар рӯзнома дида, мард ба ҳамсараш мегӯяд: - Ту панҷ кӯдакро гирифта, ба қабристони католикҳо рав. Ку бубин он ҷо ягон нафар аз шиносҳоямон дафн шудааст ё не. Ин гуфтаи шавҳар барои зан ҳарчанд номафҳуму ногаҳонӣ бошад ҳам, эътироз накарда, бо панҷ фарзандаш ба қабристон рафт. Мард бо ду фарзанди дигараш ба суроғаи эълон омад. Дарро ба рӯяшон зане кушод. - Ҳамсаратон куҷост? Дигар фарзанд надоред? – пурсид зани соҳиби иҷора. Мард сарашро ба зер афканда, бо овози каме гирифта ҷавоб дод: - Ҳамсар ва фарзандони дигарамон дар қабристонанд, хонум. Зан мутаассир шуд. Дигар чизе нагуфта, калиди хонаро ба мард дод. Ҳамин тавр, оилаи итолиёӣ тавонист, ки ҳам дурӯғ нагӯяд ва ҳам дар Ню-Йорк барин шаҳри пурмағал бо ҳафт фарзандаш сарпаноҳ ёбад.

Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

Лутфи ҷавонӣ Корманди БДА мошини сабукрави мардеро, ки хушдоманашро ба хонааш мебурд, нигоҳ медорад. Корманди БДА: - Ҳуҷҷатҳоятро нишон деҳ. Мард ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад. Корманди БДА: - Ба фикри ман ту арақ нӯшидаӣ. Канӣ инҷо пуф кун. Мард нафас мегирад. Ҳама хуб. Корманди БДА: - Суғурта дорӣ? Мард суғуртаро нишон медиҳад. Корманди БДА: - “Аптечка” дорӣ? Мард қуттии доруҳоро нишон медиҳад. Корманди БДА дигар айб наёфта, мехоҳад раҳояш кунад. Аммо ин вақт хушдомани мард сарашро аз тиреза берун карда, фарёд мезанад: - Ҳа, милисаи ландаҳури касофати хук, ягон айб наёфтӣ? Корманди БДА хурсандона ба ронанда мегӯяд: - Ана, инаш таҳқир ҳангоми иҷрои вазифа аст. Мард: - Марҳамат карда, ба ин маълумотномаи духтури бемориҳои руҳӣ назар андозед.

*** Корманди амният, милиса ва нозири андоз дар тарабхона хӯроки нисфирӯзӣ мехӯранд. Пешхизмат назди корманди амният меояд: - Ҳисобро баробар мекунед? Корманди амният: - Ҳамон духтаре, ки зуд-зуд Амрико меравад, хоҳари ту нест? Ба фикрам вай маълумоти махфиро онҷо мебарад?!! Пешхизмат тарсида: - Хуш омадед, боз биёед, аз дидоратон шодем!!! Пешхизмат назди милиса рафта, мегӯяд: - Ҳисобро баробар кунед! Милиса: - Ту литсензия дорӣ? Пешхизмат ба тарс афтода, мегӯяд: - Хуш омадед, боз биёед, аз дидоратон шодем!!! Нозири андоз пешхизматро наздаш ҷеғ зада, мегӯяд: - Ҳама ҳисобашро баробар кард? Пешхизмат: - Бале! Нозири андоз: - Ин хел бошад, барои чӣ андозашро намесупорӣ? Канӣ, зуд бош...

Ҳамдардӣ

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба устоди Донишгоҳи миллӣ, профессор Ҷовид Муқим нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Кароматулло Мирзоев нисбат ба даргузашти ХОҲАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва наздиконаш сабру таҳаммул хоҳонанд.

Javonon №12 (9334), 20.03.2014  

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ