Issuu on Google+

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№06 (9484), 9 феврали соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 МАВЗӮИ РӮЗ

 АСРОРИ ҲУНАР

Рӯзи ошиқон. Ману Зумрад...

Худро эҳтиром бояд кард

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Солномаи Пешвои миллат - 2016  ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА

ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Идома аз шумораҳои гузашта Соли 2016 Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сармоягузорӣ муваффақ шуда, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат иқдомҳои муассир анҷом доданд. Натиҷаи амалӣ намудани чунин иқдомҳои бузург буд, ки дар ин сол ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад. Дар ин соли таърихӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд. Умуман соли 2016 новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ бо ҷаҳду талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардиданд. Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд. Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад. Таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат аз кори кишоварзони мамлакат дар соли 2016 имконият фароҳам овард, ки рушди устувори ин соҳаи ҳаётан муҳим идома ёфта, истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба маротиб афзуну таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ аз солҳои пеш беҳтар гардад. Натиҷаи дастуру тавсияҳои судманди Сарвари давлат буд, ки соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барномаҳои зиёди муҳимро амалӣ намуданд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум мебошад. Танҳо дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Месазад таъкид кард, ки дар ифтитоҳи қисми зиёди ин биноҳои нави мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ Сарвари давлат бевосита иштирок намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи кормандони соҳа

Солномаи Пешвои миллат - 2016 ва хонандагон бохабар мешаванд. Дар соҳаи варзиш низ Тоҷикистон дар соли 2016 ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ ноил гардид. Дар остонаи таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон музаффарияти беназири варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 шуҳрату манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар гардонид. Дар ин рӯзҳо ин варзишгари номвар дар мусобиқаи гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид. Ин бори дигар собит сохт, ки варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат қарор дорад. Ногуфта намонад, ки дастоварди бузурги варзишии Дилшод Назаров аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадршиносӣ карда шуд. Тавре таъкид гардид, соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олимақоми мамлакат мақоми шоиста дошта, ҳамасола маблағгузории соҳа ба маротиб афзун карда мешавад. Дар маҷмуъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли 2016 дар Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй доданд. Иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар раъйпурсӣ далели воқеии арҷгузорӣ ба муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин дар соли 2016 Сарвари давлат бевосита дар кори ҷаласаҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири сол Паёми солонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сол баргузор гардид, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон низ соли 2016, ки соли ҷашнвораи бузурги истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешравиҳои зиёд ба даст омаданд. Ин соли таърихӣ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, зиёрати Хонаи Худо, Оромгоҳи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дар маҷмӯъ бо дуою фотиҳаи неки Сарвари давлат дар ин макони

муқаддас дар ҳаққи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди он оғоз гардид. Соли 2016, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати Қиблаи муъминон оғоз гардид, дар маҷмӯъ бобарору манфиатбор буд. Дар давоми сол ҳам миллати тоҷдору тоҷбарсар дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбию музаффариятҳои беназир ноил шуданд. Дар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ дар маҷмӯи муносибатҳои ду давлати дӯсту шарик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илм ва технология, маориф, ҷавонон ва варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошанд. Барои муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави мусоидат ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ,

минтақавӣ ва байналмилалӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ба кишварҳои дигари сайёра сафарҳои расмию давлатӣ ва корӣ анҷом доданд, ки нақши ин боздидҳо дар беҳбудбахшии равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле муассир аст. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналми-

лалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расида, Сарвари давлат бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва роҳбарону намояндагони ширкату марказҳои гуногуни хайриявӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Дар моҳи майи соли 2016 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ташриф оварданд. Дар анҷоми ин сафар пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид. Дар доираи боздиди расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт ба имзо расидани Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти арабро метавон қадами устувору боварибахши роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ бо мамолики Араб маънидод намуд. То анҷоми сафари расмии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт маҷмӯи санадҳои ҳамкории дуҷониба 11 ададро ташкил медоданд, ки дар натиҷаи ин боздид шумораи онҳо ба 17 адад расонида шуд. Рушду тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Осиё, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ пайваста дар меҳвари сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар соли 2016 дар ин самт тадбирҳои сиёсати дарҳои боз ба таври боварибахш идома дода шуд. Бо анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар охири моҳи июл ва оғози моҳи август пояҳои ҳуқуқию қарордодии санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ таҳкиму тавсеа ёфта, ҷамъи санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ду давлат ба 10 адад расонида шуд.

Давом дорад


Дуюмин Сафари расмии Пешвои миллат ба Давлати Қатар 5-уми феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Қатар сафар кард. буд.

Ин дуюмин сафари расмии Президенти кишвар ба ин давлат мебошад. Нахустин сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ ба Давлати Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифта

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ, раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот карда, миёни ду давлат 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин бо доираи соҳибкорони Қатар вохӯрда, бо фаъолияти маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ шинос шуд.

√ МУШОҲИДА

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Ободкорӣ

Якшанбеи ҳафтаи гузашта аз бозори “Корвон” бармегаштам, ки дар истгоҳи автомобилҳои мусофирбарии самти Душанбе-Кӯлоб (Автосентр) таҷаммуи одамон диққатамро ҷалб кард. Кунҷковиамро дида марде, ки ронанда буданашро баъдтар фаҳмидам чунин шарҳ дод: - Ҷои таксиҳоро иваз карданд. Бояд аз ин пас аз маҳаллаи 7-ум мусофир баранд. Мардум бошад, одат кардаанд, ин ҷо мошин мепоянд... Нафари дигаре ба гап ҳамроҳ шуд, балки луқма партофт: - Чи коре накунанд, ҳеҷ кас аз “ҳафтум” намеравад ва ин тасмим ҳам мисли дигарҳояш дер давом намекунад. Таксиҳоро боз гардонида ба ин ҷо меоранд... Мусофири тақрибан 50-55-сола бо оромӣ ба онҳо гуфт: - Ин кор, асосан, ба фоидаи ҳамаи мост. Дар аввал каме душвор мешавад, то одат карданамон. Аммо рафтарафта одат мекунем. Муҳим ин ки пушти ин тасмим нияти нек аст: аз мошини зиёд ва тамбашавӣ озод кардани пойтахт. Пойтахт шиносномаи ҳар давлат мебошад. Душанбе низ шиносномаи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, бояд Душанберо озода нигоҳ дорем... Дуруст мегуфт он мусофир. Мо бояд ба хотири обод ва зебо нигоҳ доштани пойтахтамон, балки ҳар гӯшаи диёр аз баҳри баъзе одатҳоямон гузарем. Беҳтар аст чунин тасмим барои нақлиёти мусофирбари дигар шаҳру навоҳӣ, ки аз самти Душанбе ҳаракат мекунанд, роҳандозӣ шавад. На танҳо таваққуфгоҳи мошинҳо, балки месазад, баъзе бозорҳоро низ аз дохили шаҳр ба канор кучонем.

√ ҲАМОИШ

√ ИХТИРОИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

“Монесид”

– мавод барои табобати касалиҳои инвазионии ҳайвонот Ба ихтироъкорӣ машғул гардидани ҷавонон яке аз падидаҳои нек маънидод гардида, таваҷҷуҳи ин қишри ҷомеа ба илму техника ва дар амал татбиқ сохтани идеяҳо нишонаи рушди малакаи зеҳнии онҳо ба ҳисоб меравад. Назруллозода Сулаймон Ҳабибӣ ба ҷавониаш нигоҳ накарда, яке аз сермаҳсултарин мутахассиси ҷавони соҳаи илми тибби ветеринарии ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, 5 дастури методӣ, 1 китоби дарсӣ, 5 патент оид ба ихтироъ ва як гувоҳномаи пешниҳоди беҳсозӣ мебошад. Ӯ дар Институти ветеринарӣ бо олимон доруи зиддигиҷҷавии «Монесид» омода намудааст, ки таъсири васеи табобатӣ бар зидди бемориҳои инвазионии чорво, аз ҷумла, бар зидди бемории мониезиоз ва странгилятозҳоро дорад. Серияи озмоишии он дар шароитҳои озмоишгоҳӣ ва истеҳсолӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, безарарии он муайян карда шудааст.

Хусусиятҳои дору чунин аст: “МОНЕСИД” маводи зиддигиҷҷавии васеътаъсиркунанда буда, барои табобати касалиҳои инвазионии ҳайвонот истифода бурда мешавад. Шакли истеҳсол: “Монесид” дар шакли капсула истеҳсол мешавад. Капсулаҳои пешниҳодшуда, ки моддаҳои фаъоли таъсиркунандаи зиддигиҷҷавӣ доранд, тавсифи баланди технологии маводи доругиро таъмин менамояд. Истифодабарӣ: “Монесид” ба воситаи даҳон як маротиба бо меъёри 1 капсула (360 мг) дар 50 кг вазни зиндаи чорво хӯронида мешавад. Самаранокии мавод дар давоми 12 соат баъд аз истифодабарӣ муайян карда мешавад. Бартарӣ: “Монесид” ба вайронсозии ферментҳо, осеб расонидани ҷилд ва бофтаҳои мушакии паразит, ки ба вайроншавии иннераватсияи мушакию асабӣ, фалаҷ ва фавти гиҷҷа оварда мерасонад, боис мегардад. Нигоҳдорӣ: маводи “Монесид” дар ҳарорати аз +5 то +250C нигоҳ дошта мешавад. Муҳлати истифодабарӣ ҳангоми риояи шароити нигоҳдорӣ 3 сол аз рӯзи истеҳсол мебошад. Таъсири манфӣ баъди истифодабарии мавод ба қайд гирифта нашудааст. – Раёсати Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида, барои пешгирии бемориҳои махсусан хавфноки зоонозӣ, ки хусусияти аз ҳайвон ба инсон гузаштанро доранд, маводи махсуси табобатию пешгирикунандаро тарҳрезӣ ва дар истеҳсолот тадбиқ менамояд, - гуфт Сулаймон Ҳабибӣ. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

ТҶММ – тарбиятгари ҷавонони ватандӯст

Бо мақсади тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа доир гардид. Роҳбарияти ташкилот зимни суханронӣ вазифагузорӣ намуданд, ки бо назардошти талаботи Паёми Президенти ҷумҳурӣ, ки ҳидоятномаи ояндасоз ба шумор меравад, ҳамаи сохторҳои тобеи соҳа бояд ба масъалаи ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-мудофиавӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар байни ҷавонон, тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва мудофиаи Ватан, инчунин, тайёр намудани мутахассисони касбҳои оммавӣ-техникӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонон ва тақвияти эҷоди техникии онҳо дар доираи тадбирҳои Соли ҷавонон таваҷҷуҳи

3

аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самти ватандӯстона содиқона ва пурмаҳсул фаъолият намоянд. Бояд гуфт, ки истиқлолият дар таърихи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав ва марҳилаи тозаи тағйироту пешрафтро боз намуд. Бо шарофати сарварии оқилона ва ботадбиронаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки саросари кишвари маҳбуби моро ба арсаи азмуталош, ташаббусу созандагӣ, ободониву шукуфоӣ табдил дод, кормандон ва аъзоёни ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон тавонистанд дар даврони соҳибистиқлолӣ эътибор ва шукӯҳи ин созмони ватанпарасти мамлакатро боло бардошта, онро

ба ниҳоди пешқадам, соҳибнуфуз, худкифо ва муътабар мубаддал гардонанд. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва анъанаҳои пуршарафи тарбияи ҳарбӣватандӯстӣ буда, дар сафҳои худ садҳо ҳазор ихтиёриро муттаҳид месозад, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамасола муассисаҳои таълимии ташкилот барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан сафарбар менамояд. Барои тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи

чорабиниҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣварзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватанпарастона дорад. Имрӯз дар натиҷаи амалӣ намудани барномаи дигаргунсозиҳо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба захираи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ-техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ-таълимӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ соҳиб гардидааст. Ин тадбирҳо барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанхоҳӣ мусоидат менамоянд. Зимни гузаронидани чорабиниҳо дар до-

Сулаймон Назруллозода 21-уми октябри соли 1989 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи тибби ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2012 бо қарори комиссияи имтиҳоноти давлатӣ барои идома додани корҳои илмӣ барои таҳсил ба аспирантура пешниҳод гардид. Дар баробари таҳсил дар аспирантура дар вазифаҳои ходими хурд ва ходими калони илмии озмоишгоҳи вирусология, ҳоло бошад дар вазифаи котиби илмии институти ветеринарии Акаде��ияи илмҳои кишварзии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

ираи моҳвораи корҳои оммавӣмудофиавӣ, ки онҳоро Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд, шумори зиёди ҷавонони синни тодаъватӣ ба чорабиниҳои варзишӣ ва тарғиботӣ фаро гирифта шуда, дар баргузории тадбирҳои мазкур фаъолияти ҳамоҳанги шуъбаҳои маориф, комиссариатҳои ҳарбӣ, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назаррас ва қобили қадрдонӣ мебошад. Азму талош дар ҷодаи ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва намудҳои ҳарбӣ-техникии варзиш ҷалб намудани ҷавонон имкон хоҳад дод, ки онҳо аз машғул шудан ба кору амал ва зуҳуроти номатлуб даст кашида, ҳамчун насли ватанхоҳу ватандӯст, хушахлоқу соҳибмалака ва ҷӯяндаву варзишдида тарбия ёфта, созандагони содиқу боэътимоди Ватани маҳбубу мустақиламон гарданд. А. ҚОДИРОВ


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

√ ҚАҲРАМОНИИ

Ваҳдат: волидон бо ҳолати таҳсилоти духтарон ошно шуданд 6-уми феврал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии "Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо хонандагон мулоқот баргузор гардид. Вохӯрӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи "Таҳсилоти хонандагон" сурат гирифт, ки дар он намояндагони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати маорифи шаҳр, раиси маҳалла, раиси АВО, домуллои маҳалла низ ширкат намуданд. Дар машварат, ки ба мавзӯи "Таҳсилоти духтарон аз нигоҳи дин" нигаронида шуда буд, ҷавонон бори дигар аз ҳадафҳои аслии лоиҳаи мазкур пурра бохабар шуданд. Мулоқот бо волидайни хонандагон низ доир шуд. Падару модарон аз ҳолати воқеии хонандагон, таҳсилоти онҳо дар муассисаҳои мактабӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи солим ва алалхусус таҳсилоти духтарон дар зинаи сеюми таҳсилот огаҳ шуданд.

√ СОЛИ

ҶАВОНОН

2017 - СОЛИ ҶАВОНОН

Одамонро наҷот доду худаш натавонист наҷот ёбад Дар вақти наҷоти одамон аз зери тарма дар минтақаи кӯҳии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд старшина Саюмарс Гулмадови 24-сола қаҳрамонона ҳалок шуд. Ҷасади ӯро баъд аз ду шабонарӯз ёфтанд.

Дар шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиз” дар ноҳияи Варзоб ҳамкорони Саюмарс мотам доштанд. Дар даромадгоҳ акси ӯ бо гулу гулдаста гузошта шуда буд. Ҳамкорон ба ёд меоранд, ки ҳамагӣ моҳе пеш бародарон Саюмарсу Каюмарс рӯзи таваллудашонро ҷашн гирифта буданд. Онҳо дугониканд. Аз ин рӯ, ҳамкорон чун анъана онҳоро Ҳасану Ҳусейн мегуфтанд. Онҳо мисли себи дукафон ба ҳам монанд буданд. Ҳамкорон дар шинохташон доим хато мекарданд. 28 январ Саюмарс ҳамроҳи рафиқонаш Лоиқ Файзалӣ ва Алишер Раҳимзода барои адои хизмат ба минтақаи назди нақби “Истиқлол” рафтанд. Ронандае ба онҳо гуфт, ки аз ҷониби Майхӯра тарма фуромад ва одамони зиёде дар ҳолати вазнинанд. Саюмарс ва Лоиқ Алишерро дар посгоҳ монданду худашон ба ҷои ҳодиса шитофтанд. Расидан замон милисаҳои ҷавон ба кӯмаки дармондагон машғул шуданд. Ронандагону мусофиронро ҷамъ оварда, ба баровардани одамон аз зери барф шуруъ карданд. Милисаҳо пай бурданд, ки боз тарма меояд. Аз ин рӯ одамонро саросема карданд, ки ба ҷои бехавф раванд. Дар баробари тоза кардани роҳ аз барф нақлиёт низ пайдо шуд. Ҳолате шуд, ки ронандаи “Опел”, марди калонсол аз милисаҳо хост, ки мошинашро ба ягон ҷои бехавф баранд. Ба гуфтаи шоҳидон, Саюмарс ба ронанда гуфт: “Мошинро мон, худатро наҷот деҳ. Ҳоло мумкин боз тарма фарояд”. Ронанда бошад, мошинашро аз даст додан намехост. Бачаҳо бо умеде ки дарёб мекунанд, мошинро ба ҷои бехатари роҳ тела дода бурданд. Аммо табиат ҳисоби худашро дорад. Тарма бошаст фаромада, чанд мошин, аз ҷумла мошини роҳрӯб, мусофирону ронан-

дагон ва милисаҳоро аз роҳ ба ҷарӣ тела дод. Ронандаи мошини барфрӯб бо асбобҳое, ки дошт, шишаи мошинро шикаста, наҷот ёфт. Аз дигарон дар дақиқаҳои аввал дарак набуд. Одамоне, ки дар даромадгоҳи нақб буданд, ҳодисаро ба Алишер Раҳимзода, ки дар посгоҳ буд, хабар доданд. Сержанти калони милиса чунин нақл кард: - Вақти ҳодиса ман дар посгоҳ аз тарафи дигари нақб – ноҳияи Айнӣ будам. Ронандагон омада гуфтанд, ки тарма фаромада, одамонро зер кардааст. Дарҳол ба рафиқонам занг задам, аммо телефонҳояшон хомӯш буд. Шуъбаро огоҳ кардам ва ба ҷои ҳодиса шитофтам. Бо мошин. Аммо роҳ банд буд. 20 дақиқаи дигар пиёда рафтам. Алишер дид, ки роҳ банд асту мардум дар таҳлука. Тарма дар ду ҷо фаромадаст – дар масофаи 15-20 метр дуртар аз ҳамдигар ва то дарёча – масофаи 700 метр поён рафтааст. - Касе гуфт, ду милиса ҳам зери тарма мондаанд. Поёнтар рафта, онҳоро бо номашон фарёд кардам, гуфт Алишер. – Садои Лоиқро аз масофаи дур, аз зери тарма шунидам. Назди ӯ рафтан душвор буд. Маслиҳат додам, ки худаш барояд, аммо тавон надошт. Ба кӯмакаш поён фаромадам. Бо душворӣ ӯро озод карда, роҳ бароварда, дар мошин шинондам. Худам барои кӯмаки дигарон рафтам. Ҳамроҳи дигарон Алишер ба зери тармамондагон кӯмак расонд. 7 нафарро наҷот доданд. - Аз пайи ҷустуҷӯи Саюмарс шудам, - мегӯяд Алишер. – Аммо садояш шунида намешуд. Поёнтар фаромадам. Ба ду нафар бархурдам, ки бо сабаби лат хурдани пояшон худашон баромада наметавонистанд. Ба онҳо барои ба роҳи мошингард баромадан кӯмак кардам. Як метр то роҳ монда буд, ки садои шиносро шунидам. Сар-

дорамон бо бачаҳои дигар ба кӯмак омада буданд. 1-уми феврал ҷасади Саюмарсро ба зодгоҳаш - деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор бурданд. Падари марҳум – муаллим Аскар Гулмадов – нигоҳ накарда ба ғаму андуҳи оилааш, қоматашро рост гирифта, гуфт: “ҳамааш кори Худо, бо писарам, ки барои наҷоти одамон ҷон додааст, ифтихор мекунам”. - Ман ҳашт фарзанд дорам. Саюмарс ва Каюмарс соли 1993 таваллуд шуданд. Саюмарс калонӣ буд. Дар як синф таҳсил карданд. Доим якҷоя буданд. Варзишро дӯст медоштанд. Ман барои онҳо ҳатто дар ҳавлӣ майдончаи варзишӣ сохтам. Баъд аз хатми мактам ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Ҳамчун десант дар Хуҷанд хизмат карданд. Барои хизмати намунавии фарзандон чандин мактуб гирифтаам, - мегӯяд падари Саюмарс. Каюмарс ҳоло дар Фархор аст. Дар хонаи падару модар. - Бо Саюмарс мо ҳамеша якҷо будем. Ёд надорам, ки боре бо ҳам ҷанҷол карда бошем. Ӯ на танҳо бародар, балки дӯсти содиқам буд, - гуфт Каюмарс. Бародарон – дугоникҳо баъд аз хизмати ҳарбӣ барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ариза доданд. Моҳи марти соли 2016 ба шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиз” дар ноҳияи Варзоб ба кор пазируфта шуданд. - Мо мехостем ба Академияи ВКД дохил шавем. Барои ҳамин, ба мақомоти корҳои дохила ба кор даромадем. Дар вақти холигӣ кор карда, ба хона пул мефиристодем. Он субҳ Саюмарс барвақт аз хоб хест. Наҳорӣ тайёр кард. Хӯрдему ба кор рафтем. Ман дар маркази ноҳия афтодаму Саюмарс дар даромадгоҳи нақб. Зери тарма мондани бародарамро фаҳмида, то ҷои ҳодиса чӣ хел расиданамро намедонам, - мегӯяд Каюмарс. Барои дарёфти бародараш Каюмарс тамоми шабро дар ҷои ҳодиса гузаронд. Чанд ҷасад ёфтанд, аммо бародарашро не. - Баъд аз ду рӯз бародарамро аз қисми поёни тарма ёфтем, - идома медиҳад бародари марҳум. – Медонед, баъд аз он ки тарма ӯро ба поён – масофи 600 метр – тела медиҳад, ӯ зинда будааст. Саюмарс боқувват буд ва тавонистааст аз зери барф барояд. Вақте пайдо кардемаш, як даст ва сараш берун аз барф буд. Аммо шояд аз сармои шадид дигар ҳаракат карда натавонистааст. Манбаъ: “ASIA Plus” Тарҷумаи У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”

Рӯдакӣ: машварат дар атрофи фарҳанги либоспӯшии ҷавонон Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 150 нафар ҷавони касбу кори гуногун доир гардид. Давлаталӣ Суфизода, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни баромад ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ва суханрониҳои худ доимо таъкид менамоянд, ки ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии ҳар сокини кишвари мо, махсусан ҷавонон аз эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти моро фаро гирифтааст, сарчашма мегирад. “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги ғайр майл намудани баъзе аз занону духтарони кишвар ва ташвиқи либосҳои бегона миёни бонувону ҷавонон авҷ гирифтааст. Ин бегонапарастӣ мавқеи арзишҳои миллӣ, либоси миллиро коста гардонида, ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад”, – афзуд Давлаталӣ Суфизода. Рӯ ба ниёгон овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва қарзи ҷавонмардии ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Мулоқоти мазкур бо мақсади рушду инкишофи анъанаҳои миллӣ, расму ойин, арзишҳои фарҳангию аҷдодӣ ва муаррифӣ намудани симои миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ байни халқу миллатҳои гуногун баргузор гардид. Дар заминаи мулоқот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзӯи “Ҷавонон ва фарҳангӣ либоспӯшии онҳо” семинар-машварат доир гардид. “Хештаншинос будан ба ҳар ҷавон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд. Нисбат ба зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунад, ватани худро д��ст дорад ва манфиати онро ҳимоя намояд”, - қайд намуд намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Дар семинар-машварат иштирокчиён оид ба муҳимияти сару либоси миллӣ маълумоти мушахас дастрас намуданд. Чунин семинар-машварат ва мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат низ дар назар дошта шудааст. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”


2241 ҷавон гирифтори бемории нашъмандист Соли сипаришуда 401 нафар нашъманд ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди умумии гирифторони нашъамандӣ то охири соли 2016 7067 нафарро ташкил медиҳад, ки 175 нафараш бонувонанд. Ин рақам соли 2015 7313 нафар буд. Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашаъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз миқдори умумӣ 2241 нафараш ҷавонони аз 18 то 34-сола мебошанд, ки 75 нафари онҳо ҷавондухтаронанд. Гуфта шуд, ки соли 2016 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 161 нафар ба суд ирсол гардид, ки 4 фоиз нисбат ба соли 2015 бештар аст. Соли гузашта 289 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуд, ки 73 ҳолат ё 33 фоиз назар ба соли 2015 зиёд мебошад. Аз ин 152 ададро ҷиноят ва 137 ададро ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ташкил медиҳад.

√ МАВЗӮИ

√ ХОСИЯТҲОИ

РӮЗ

Рӯзи ошиқон. Ману Зумрад... Ману Зумрад дар як донишгоҳ таҳсил мекардем. Ҳамкурс набудем, аммо аз он ки дар як бино дарсҳоямон мегузашт, зуд-зуд бо ҳам рӯ ба рӯ мешудем. Дар роҳравҳо агар ҳамдигарро медидем, салом дода, аҳволпурсӣ ҳам мекардем. Дар аввалин дидор ба ин духтар меҳр баста будам. Ман аз деҳот омада будам. Табиист, ки писарон ва духтарони деҳотӣ бисёр шармгин мешаванд. Аз ин қатор ман низ истисно набудам. Рӯз аз рӯз ба Зумрад меҳрам зиёд мешуд. Гуфтани ин розро ба Зумрад тасаввур карда наметавонистам. Танҳо дӯсташ медоштаму ин дӯстдориро пеши худ ҳамчун амонат нигоҳ медоштам. Соли 2011 донишгоҳро хатм мекардем. Зумрад бошад, дар курси чаҳорум мехонд. Барои хатми донишгоҳ як соли дигар монда буд. Ҳазор роҳу тадбир барои фаҳмонидани ишқам меҷустам, аммо ҳеҷ роҳе пайдо

му худро ба нодонӣ зада, пурсидам: - Салом Зумрад. Магар ягон ид аст...? Суханамро бурида гуфт: - Бале, аммо ман танҳо барои ҳамроҳӣ омадам. Намедонам тасодуф буд ва ё чизи дигар, беихтиёр ҷониби гулфурӯш равон шудам: - Холаҷон, ана, он гули садбарги сурхи калонро ба ман диҳед, - гуфтам ба зани гулфурӯш. - Гир писарам, бо навиштаҷот 28 сомонӣ, - зан ба ман хитоб кард. Гулро ба Зумрад бо андоми хиҷолатзада ва шарми зиёд дароз кардаму гуфтам:

карда наметавонистам. Иттифоқан ҳамон сол баъди супоридани имтиҳонҳои нимсолаи аввал, барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзӣ б а бинои марказии донишгоҳ равон будам. Аз гузаргоҳи зеризамнии назди маркази савдои “Садбарг” мегузаштам, чашмам ба Зумрад афтод, ки бо як писару дугонааш назди гулфурӯш рост меистоданд. Ӯ бо дугонааш суҳбат менамуд, писари ҳамроҳашон бошад, сӯи гулҳо даст дароз карда, нархи гулҳоро мепурсид. Бар хилофи рӯзҳои дигар дар он ҷо ҷавонписарҳо хеле зиёд буданд. Ҳайрон шудам: “Чӣ гап бошад, ки ин қадар одам ин ҷо ҷамъ шуда, гул харидорӣ мекунанд” гуфтам ба худ. Албатта, ман дар бораи 14 феврал – Рӯзи ошиқон каму беш иттилоъ доштам. Аммо он рӯз, ҳатто таърихи рӯз дар хотирам набуд. Аз роҳгузаре, ки ҳамакнун гул харида буд, пурсидам: - Бубахшед, бародар, имрӯз ягон ҷашн аст, ки ҳама гул харида истодаанд? - Имрӯз Рӯзи ошиқон аст, - кутоҳ ҷавоб дода, аз пешам рафт. “Рӯзи ошиқон будааст, аммо Зумрад ин ҷо чӣ кор мекунад? Бо ягон баҳона рафта маълум карданам лозим”, - андешидам. Наздиктар рафта-

- Ин рӯзро чор сол шуд интизорам. Рӯзи ошиқон муборак! Аз ҳамон рӯз ба баъд муносибати мо ранги дигар гирифт. Ин ки ин ҷашн чӣ таърихеро дар худ дорост, бароям аҳамият надорад. Муҳим ин ки маҳз бо шарофати ҳамин рӯз инак панҷ сол мешавад, ки бо нафари дӯстдоштаам оила барпо намудаму зиндагиам хушу хурсандона мегузарад. Ба ин рӯз эҳтироми хоса дорам ва ҳар сол онро ҷашн мегирам... Навиштаи дар боло оварда, ҳаёти Қодир ном як нафарест, ки Рӯзи ошиқон сабаб шудаву бо духтари дилхоҳаш оила барпо кардааст. Баҳром Ниёзов, ки ҳамакнун бояд оиладор шавад, тарафдори дигари ин ҷашн мебошад. Ба гуфтаи ӯ, пешвоз ва ё ҷашн гирифтани ин рӯз ба худи кас вобаста аст: “Чӣ ҷои бадӣ дорад, ки як мард барои зан ва ё дӯстдоштааш дар ин рӯз як дона гул тӯҳфа намояд? Бигузор аз оила барпо карданашон чанд муддат гузашта бошад. Муҳим ин ки

ба ин васила муҳаббати байни ду дилдода боз ҳам зиёд мегардад. Бисёриҳо ин рӯзро чун фарҳанги бегона хонда, аз ҷашн гирифтани он канораҷӯӣ мекунанд. Аммо чӣ гуна ҷашн гирифтани он ба худи шахс вобастааст. Агар он орӣ аз амалҳои шаҳвонию ниятҳои фаҳш бошад, додани як гул ба дӯстдошта чӣ ҷоӣ бегонагию худӣ дорад? Ман тасмим гирифтаам, ки 14 феврал - Рӯзи ошиқонро бо заншавандаам ҷашн гирам”. Рӯзи ошиқон аслан аз Валентини муқаддас сарчашма мегирад. Доир ба пайдоиши иди Валентин ду ривотяро саҳеҳ медонанд. Аввалиро ба роҳибе бо номи Валентин марбут медонанд. Ривоят мекунанд, ки дар асри 3 императори Рим Клавдий издивоҷро манъ кард. Ба фикри вай, мардонро мебоист танҳо сарбоз бошанду бас, на шавҳару падар. Вале тибқи ин ривоят, роҳибе бо номи Валентин пинҳонӣ маросими ақди никоҳи ҷавонони ошиқро доир намуд. Вақте сирри ӯ фош гардид, Валентинро ба дор овехтанд. Ба ёди ӯ Рӯзи Валентин боқӣ монд. Қиссаи

д у ю м аз Валентин ном шахсе ривоят мекунад, ки дар яке аз маҳбасҳои империяи Рим ба духтари нозири маҳбас ошиқ мешавад. Духтари нозир низ ӯро дӯст медорад. Нозир аз ин огоҳ шуда, Валентинро ҳукми қатл медиҳад. Валентин бошад, ба маъшуқааш мактубе фиристода, дар ҳошияи он бо муҳаббат менависад: «Аз Валентини ту!» То имрӯз вақте ошиқон ба дӯстдоштаҳояшон гул тӯҳфа мекунанд, дар варақчаҳо ин шиорро низ менависанд. Бигзор ин санаро дар мо низ бо покӣ ва меҳру садоқат ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил намоянд. Дар тақвими сол ин санаро бо номи “Рӯзи ошиқон” дарҷ намуда, бо баҳонаи он аз ғаму ғуссаи зиндагӣ худро барканор намуда, лаҳзае ҳам бошад, худро хушбахт эҳсос намоем. Ид муборак, ошиқони шайдо! Дӯстдори ҳамдигар бошед! Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ЯК ҶАВОН

Ҷоҳпараст набудан Барои ба мансабе расидан меҳнат кардан даркор Нависандаи шаҳири рус Антон Чехов “Тантанаи марди ғолиб” ном ҳикояе дорад. Дар он аз ҷамъомади як гурӯҳ ҳошиянишинони Андрей Иванич Козулин ном мақомдоре гап меравад, ки як рӯзи ҷумъа ҳама хонаи вай ба чалпакхӯрӣ мераванд. Азбаски ҳамаи омадаҳо мартабахоҳу ҷоҳписанданд, аз ҳеҷ навъи хушомад ба сардорашон Козулин рӯ наметобанд. Мақомдор меҳмононашро бо анвои гуногуни хӯрок, аввал хӯрокҳои сабук – чалпаку қаймоқу панири реза, пасон моҳишӯрбою, гӯшти кабку моҳии бирён ва машрубот зиёфат медиҳад... Нависанда воқеаро аз номи ҷавони навхате ҳикоят мекунад, ки бо падараш дар маросими чалпакхӯрӣ ҳузур дорад. Баъди тановули хӯрок мақомдор ҳар гуна ҳикоятҳо намуда, ҳозиронро механдонад. Қиссаҳои ӯ аслан хандаовар нестанд, вале падари ҷавон ҳар дам ба паҳлӯи писараш зада, мегӯяд, ки ба ҳикояҳои сардор бихандад. Баъд Козулин яке аз ҳозиронро мефармояд, ки нақши марди мақомдореро бозӣ кунад, ки корафтодаро хеле таҳқиру мазаммат кардааст. Сипас, аз падари писарак талаб мекунад, ки “ба гирди миз бидаву хурус барин ҷеғ зан”. Падар ба хотири роҳ ёфтан ба дили мақомдор ва ба писараш насиб гаштани мансаби ёвари котиб фармудаи ӯро айнан иҷро мекунад ва ҷавони навхат низ аз пушти падар давида “Қу-қу-қу-қу” гӯён фарёд мезанад... Воқеан, инсон дар баробари он ки хислатҳои ҳамидае, ба монанди самимият, фурӯтаниву адолатпарварӣ ва қаноатпешгиро дорост, бештари вақт ҷоҳпарастӣ, шуҳратхоҳӣ ва мақому мартабадӯстдорӣ барин хислатҳоро ҳам соҳиб аст, ки мусбат шинохта намешаванд. Балки хислатҳое арзёбӣ мегарданд, ки тадриҷан рӯҳу қалби инсонро тира ва бунияи ӯро монанди вирус ё маразе хароб месозанд. Чунонки агар яке аз он вирусҳо ба вуҷуд роҳ ёфт, муқовимати вуҷуд ба муқобили онҳо заиф мегардад. Боз он як вирус зуд ба вирусҳои дигар паём ирсол медорад ва байни худ шабакаи иртиботӣ ташкил намуда, ҳар вуҷудеро, ки дар ихтиёр гирифтаанд, хароб мекунанд. Таҳти таъсири онҳо инсон оҳиста-оҳиста аз бузургиву назокате, ки дорад, дур шуда, ба сӯи хислатҳои манфӣ роҳ мекушояд. Ҷоҳ дар луғат ба маънои мақому мартаба омадааст. Ҷоҳпарастӣ пойбанди мақом будан, ҳирси рутба ва орзуи эътибор ёфтанро ифода мекунад. Худпарастӣ, дар назари дигарон намудор шудан, таваҷҷуҳашонро бедор кардан, аз ҷониби дигарон мадҳу ситоишро чашмдор будан ва хоҳиши дар назди ҷомеа эътибор доштан низ ба ҷоҳпарастӣ алоқаманд ва нуқтаи заъфи инсон дониста мешавад. Ҷоҳпарастӣ барои он таҳлукаовар аст, ки баъзеҳо ба хотири расидан ба мартабае ба роҳҳои номашруъ мераванд, корҳои зишт ва ноадолатии зиёде анҷом медиҳанд. Ҷоҳпарастон аввал кӯшиши мақому мартаба ёфтан, сипас барои ҳифзи он ба амалҳои номатлуб, ҳатто ҷиноят низ даст мезананд. Ҷоҳпарастӣ мисли муътоди нашъа аст. Чунончи, агар баъзе аз мухаддирот ба як маротиба касро вобаста гардонад, баъзеи дигараш баъд аз ду ё се маротиба истифода бурдан пойбанд месозад ва раҳо ёфтани қурбонии нашъа хеле душвор аст, зеро ки истифодаи нашъа барои вай мисли заруриёти аввалиндараҷа шудааст. Ба ин монанд ҳарки ба дарди ҷоҳпарастӣ ё мартабахоҳӣ гирифтор аст, баъд аз мақом ёфтанаш ӯро дардҳои дигаре пеш меоянд. Масалан, вақте мартаба ёфт, мехоҳад, ки дигарон ӯро мадҳ намоянд, эътироф кунанд, таваҷҷуҳ дошта бошанд. Яъне ба дунболи он масъалаи шуҳратёр шудан пайдо мешавад... Албатта, ҳамаи инсонҳоеро, ки ба пояи мансабе расидан мехоҳанд ва ба мақоме даст ёфтанианд, аз ин дарича нигаристан хатост. Инсонҳое ҳам кам нестанд, ки муваққатӣ будани ҳар появу мақомеро медонанд. Бинобар ин, то вақте ки фурсат дар даст доранд, он мақомро дурусту одилона идора мекунанд ва корҳое анҷом медиҳанд, ки шоиставу ба нафъи ҷамъиятанд. Ҷавононро зарур аст, ки аз ҳамин қабил нафарон бошанд. Башир УСМОН, “ҶТ”


6

Ҳаҷми хизматрасонии алоқа 4,8% афзудааст

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

Ҳаҷми хизматрасонии алоқа бо назардошти саҳми операторони хусусӣ дар соли 2016 маблағи 2 847,9 миллион сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба соли 2015 4,8% зиёд мебошад. Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, бо баёни ин нукта зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 854,8 миллион сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба соли 2015 319 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 8 миллиону 681 ҳазору 92 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 4 миллиону 416 ҳазору 578 нафар муштариёни фаъол буда, шумораи муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 430 ҳазору 504 нафарро ташкил дода, 145 ҳазору 633 адади он фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2 миллиону 632 ҳазору 230 нафарро ташкил медиҳанд.

√ ГУЗАШТИ

Ҷавонӣ беҳтарин пораи умр аст

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Шераки Ориён муаллифи 68 китоб (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ) ва 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба 40 забони дунё, аз ҷумла забонҳои англисӣ, испанӣ, арабӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, булғорӣ, олмонӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва русиву як қатор забонҳои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷумаву нашр шуда, сазовори ҷоизаҳои байналмилалии “Гран При” ва “Ҷоми Лоҷувард” гардидаанд. Барои шӯҳрат бахшидани адабиёти тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо Фармони Пешвои миллат бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

√ СОЛҲОЕ,

АЙЁМ

Ӯ мегӯяд, “ман дар оилае бузарг гаштаам, ки дар он 12 нафар зиндагӣ мекардем. Падарам бемор буд ва ягона нафаре, ки дар тарбияву таъминоти мо заҳмат мекашид, модарам “Бибиафсона” (Биби Заҳро) буд. Банда саргузашти пур аз ҳаводисҳои шадидеро гузаронидаам. Саргузашти пуртӯфон, ноомаду бадбахтӣ ва фоҷеаҳое, ки ба сари ман рехта, ягона таскини дили ман, оромибахши ҳастии ман кор ва эҷод буд. Агар эҷод намебуд, ки маро баставу андармон дошта, намедонам ба кадом роҳ саргузашти пурмоҷаро ва пурсӯз, алами фирору оворагӣ кашидани худро таҳаммул карда метавонистам. Ягона чизе, ки маро зиндаву андармон ва то андозае рӯҳамро ҷавон нигоҳ доштааст, эҷод ва эҷодкорӣ аст”. - Ҷавонӣ аз нигоҳи Шумо чист? - Ҷавонӣ беҳтарин пораи умр аст. Ҳатто пирон мехоҳанд, ки ҷавон монанд. Ҷавонӣ қиёми офтоби зиндагиву баландтарин нуктаи умр аст. Аз Ибни Сино пурсиданд, ки он чи омӯхтӣ дар кадом давр ба даст омад? Гуфт: ҳарчи омӯхтаам то 18-солагӣ буд. (Ӯ дар синни 14 дили подшоҳи Сомониро ҷарроҳӣ карда буд, ки акнун дар асри 20 инсоният ба ин кор қодир шуд.) Одамӣ ҳамеша зӯр мезанад, то зудтар ба воя расаду ҷавону баркамол бишавад. Дар тифлӣ орзӯи ҳамешагиаш ҳамин аст, яъне ҷавон гардидан. Вале бо гузашти солҳо, ки инсон ҷавон мегардаду пасон ба кӯчаи пирӣ қадам мезанад, мекӯшад, то калонсол ва солманд гардидани худро бо эмин доштани ҷавониаш ниҳон кунад. Яъне ожангҳои рухсорашро ҳамвор намудан хоҳаду торҳои ба сафедӣ майловардаи мӯйҳояшро сиёҳ кунад ва ҷисми беҳолу бемадор шудаи худашро, ки нишонаи солхӯрдагӣ бошад, табобату тармим ва ҷавонтар сохтан бихоҳад. Одамӣ дар кӯдакиву наврасиаш

ҳарчи зудтар ҷавон шудан бихоҳаду баъди рӯй ба солмандӣ овардан, ҷавон мондан ё тӯлонӣ ҷавон монданро таманно кунад. Гӯё зиндагӣ талошгарӣ бошад сӯи ҷавонӣ ва бозгашт бошад ба самти ҷавонӣ. Бигӯянд, ҳатто дар дунёи дигар ҳам, одамон нахуст ҷавон бишаванд ва пасон ворид бигарданд ба биҳишт, яъне ба мулоқоти Худо бишитобанд бо вуҷуди ҷавонгашта. Биҳишт низ ҷавонӣ аст. - Агар имкон мебуд, ҷавониро бо чӣ қимате харидорӣ мекардед, ба қавли дигар гӯем, ҷавонӣ чӣ арзишеро дорост? - Тамоми инсонҳо гӯё барои ҷавонӣ умр ба сар мебаранд. Ҷавонӣ қудрате дорад, ки дигар ягон қисмати умр надорад. Ман дар як ҳикояе нигоштаам, ки ҷавоне ба назди устодаш меояду дар пероҳани вай ордену медалҳои зиёдеро мебинад ва ҳавасаш меояд, ки ӯ низ чунин медалу унвонҳоро доро бошад. Инро ба устодаш арза медорад. Устод чунин мегӯяд, ки агар имкон бошад, ман тамоми дороӣ ва унвону орденҳоямро ба ту мебахшам, аммо бар ивазаш аз ту як чиз мехоҳам, яъне ҷавонии туро. Ҷавон ба андеша фурӯ меравад ва дарк менамояд, ки ҷавонӣ чӣ арзишеро дорост. Агар имкон мебуд, ман низ тамоми дороӣ ва ҳастиамро бар ивази ҷавонӣ мебахшидам. - Ҳама як кӯчаро убур мекунанд, яъне даврони тифливу ҷавонӣ ва пириро мебинанд, аммо баъзеҳо дар зиндигӣ муваффақ мешаванду баъзеи дигар на, ин ба чӣ вобаста бошад? - Ҳама нобиға таваллуд мешаванд, вале аксар ночизак шуда мемиранд, зеро аксарият имкони потенсиали худро истифода бурдан наметавонанд, ё истифода намебаранду аз даст медиҳанд. Бузургӣ он бошад, ки аз аввал потенсиали худро истифода бурда, сӯе равона карда тавонӣ ва бо нерӯи он корҳое анҷом бидиҳӣ, ки ди-

гарон натавонанд. - Чӣ гуна ба ин чиз расидан имкон дорад, яъне аз нигоҳи Шумо роҳи муваффақият ва расидан ба ормонҳо кадом аст? - Бояд бештар ба худ такя кунӣ. Ба осмон бингаред, ягон паранда ба ҷои парандаи дигар парвоз намекунад. Ҳар парандаро болу пари худаш ба парвоз меоварад. Боло мебардорад ва ба авҷи фалак мерасонад. Шумо ба ҷои мурғи дигар неву ба ҷои худатон парвоз карданро биомӯзед. Агар инро тавонед, ба авҷи осмон баромада, ба ҷое расида метавонед, вагарна, не. Агар парвоз гирифта натавонед, пас барои чӣ ба дунё омадед? Ба ту касе мадад расонда натавонад ғайри худат, ҳарчанд бо имдод менигарӣ ба атрофу атрофиён. Аз ин боис ба ёриву мадади атрофиён ҳамеша умедвор шудан аблаҳист, зеро ғайри худат мададгори аслии ту каси дигар буда наметавонад. Чунонки дар баҳр шиноварро дасту пойи худаш такону алвонҷ медиҳад ва тадбиру ройи худаш мададгораш мегардад. Чун зиндагӣ шиноварист ва шиноварӣ дар баҳри пуртуфон. Пас

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

Убайдулло Раҷаб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон: - Аввалҳои баҳор буд ва ман тақрибан 5-6 сол доштам, ки падарам барои ман мукӣ харид. Ман ба доманаи кӯҳи дар рӯ барӯи деҳамон нигариста, дар назарам омад, ки осмон ба қуллаи кӯҳ пайванд аст. Ба андешаи кӯчаки ман чунин омад, ки само мисли ях асту ман онро шикаста ба болояш мебароям ва бо мукиҳои нави худ яхмолакбозӣ мекунам. Як чӯби тақрибан 50-сантиметраро гирифта, ба самти кӯҳ бо мақсади шикофтани осмон равон шудам. Ҳарчи боло мерафтам, осмон ҳам боло рафтан мегирифт. Чун ба қуллаи кӯҳ расидам, нигоҳ кардам, ки осмон ҳунӯз дар кӯҳ начаспидаасту дар қуллаи доманакӯҳи дигар дакка мехӯрад. Дар миёнҷои кӯҳ, ки паҳноие буд, мардуми деҳот ғалла кишт мекарданд. Ман аз пайи “кашфиёт”-и худ хостам аз миёни киштзор убур кунам. Чун дар байни киштзор расидам, то зону даруни лою гил фурӯ рафтам. Ҳарчи қадар зӯр задаву худро наҷот доданӣ шудам, вале бенатиҷа. Дар охир, бо тамоми овоз дод задаву имдод талаб кардам. Ногаҳон бародари калониам садои маро аз куҷое шунида, ба талвоса меафтад ва маро омада наҷот дод. Ин аввалин “кашфиёт” ва нобарории ман дар зиндагӣ буд.

шиновариро биомӯз барои худат, ки шиноварии каси дигар барои худаш аст, на барои ту. - Чӣ чиз метавонад инсон, махсусан ҷавонро аз “парвоз” боздорад, яъне монеи ба қуллаҳои баланд расиданаш гардад? - Побанди шуҳрат гардидан инсонро маҳв мекунад. Ҳар нафаре, ки то андозае дар ҷодае мавқеъ ва мақоме ёфтааст, набояд аз он болидахотир бошад, балки ҳанӯз ҳам бояд бикӯшад, то қуллаҳои балантарро соҳиб гардад. Бузургтарин музаффарияти ман ғолиб омадан ба нафси худам, ба ғофилии худам, ба норасоӣ ва нокомилии худам мебошад. Бар худ ғалаба кардан пирӯзӣ бошад бар дигарон, яъне ҳар нафаре бар нафси хеш ғолиб мегардад, ба тамоми дунё метавонад зафар ёбад. - Чун ҷавонӣ овонест, ки барои аксарият мушкилу печидагиҳо эҷод менамояд ва аксар ҷавонон, ҳангоме ки мушкилӣ рӯ ба рӯяшон қарор гирад, ҳатман роҳи халосиро дар он мебинанд, ки нафаре мушкилкушояшон бошад. Ба андешаи Шумо мушкилу печидагиҳои зиндагӣ дар ташаккули шахсият чӣ нақш дошта метавонад? - Аслан зиндагӣ саҳнаи набарду мубориза аст. Ҳар кас дар саҳнаи набардҳои зиндагӣ ғолиб шуд, пас соҳиби ҳама чиз хоҳад гардид. Мегӯянд “бало” ду тараф дорад: ё инсонро мешиканад, ё боло мебардораду ба баландиҳо мерасонад. Инсон бояд дар миёни балову офат ва мушкилиҳо зистанро ёд гирад. Ҳатто дар дузах низ баъзе инсонҳо механданд. Инсон ҳамон вақт комил мегардад, ки мушкилоти печидаи ҳаётро худ ҳаллу фасл карда тавонад. Замин мудом дар тобхурӣ ва ҷунбиш аст, аз ин боис рӯи он сар зада зиндагии пур аз ҷунбиш. Ин ҷо гар ҷунбиш ва ҳаракат накунӣ, чизе ба даст нахоҳӣ овард.


7

Асарҳои рассомон ба тарбияи ҷомеа мусоидат мекунанд Дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии “Авасто” дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши амали рассомони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар толор 40 асари рассомони касбӣ ва 37 асари рассомони ҷавон дар мавзуҳои гуногун ба маъраз гузошта шуд. «Баргузории чунин намоишҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки санъати тасвирӣ ҳамқадами ҷомеа буда, асарҳои пешниҳоднамудаи рассомон маънои васеъ доранд. Ин асарҳо ба тарғиби зебоӣ ва тарбияи ҷомеа мусоидат мекунанд», - иброз дошт Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон.

√ НИГОҲИ

ДИГАР

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – муҳимтарин омили тарбия

Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Таълиму тарбия дар он сурат пойдор хоҳад монд, ки хусусиятҳои миллӣ дошта, нигаҳдори арзишҳои таърихии мо, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошад. Яке аз қадамҳои устувор дар ин ҷода ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои сатҳи баланд дар байни олимону коршиносон ва ҷавонони кишвар мебошад. Зеро ҷомеаи мо ба тарбияи насли дорои тафаккури созанда, чаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва ватанпараст ниёз дорад. Фарҳанги мо танҳо ҳосили имрӯза набуда, натиҷаи заҳмати аҷдодони мост. Мо - тоҷикон, аз ҷумлаи халқиятҳои баландтолеъ ва сарфарозе мебошем, ки фарҳанги бою ғаниамонро ба хизмати ҷомеаи имрӯза равона кардем. Фарҳанг, ки маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон аст, тамоми рафтору кирдор, аз ҷумла одоби муошират, таомхӯрӣ, роҳравӣ, либоспушӣ, андешаронӣ ва муколамаю мубодиларо дар байни мардум ифода менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқии ҷавонон бояд дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои истиқлолияти давлат, арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ беҳтару хубтар шуда, имкониятҳои зиёде дар муаррифи он аз ҷониби ҳукумати мамлакат роҳандозӣ шудааст. Омӯзиши фарҳанги миллӣ, тарғибу ташвиқи он яке аз масъулиятҳои асосии ҷавонон мебошад. Ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди худшиносию ватандӯстӣ дар ин ҷода саҳми намоён гузоранд. Дар вазъияте, ки ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст, лозим меояд, ки нақш ва мақоми мо - ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси ватандорӣ муҳим бошад. Барои омӯхтани ҳар миллат аввал ба фарҳанги он назар мекунанд. Имрӯз ҷавонони мо пеш аз ҳама ба фарҳанги бою ғании худ пайравӣ намоянд ва сипас фарҳанги дигар халқу миллатҳоро омӯхта, аз он манфиат баранд. Ҷомеаи муосири мо дар баробари омӯзиши фарҳанги миллӣ ба омӯзиши фарҳанги миллатҳои дигар ниёз дорад. Дар ин боб Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст». Яке аз омилҳое, ки имрӯз боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст, тақлиди ҷавонон ба ҳамсолони хориҷиашон ва пӯшидани либосҳои ғайр мебошад. Табиист, ки муҳофизи фарҳанги миллӣ ҷавононе мебошанд, ки дорои дониши баланду идроки қавианд, зеро илм калиди ҳама мушкилот аст, шахси бедониш фирефтаи гурӯҳи тундраве мешавад. Як нишонаи зоҳирии тақлидкорӣ, ки ботинро ҳам ошкор месозад, одоби пӯшидани либос аст. Либос як ҷузъе аз ҷузъҳои асосии фарҳанги миллат аст. Тоҷикон, ки дар тули асрҳо забон, урфу одат ва либоси миллии хешро ҳифз карда, то ба замони мо овардаанд. Баъзе анъанот бо гузашти вақт аз байн рафтаанд, вале либоси миллии мо, аз қабили чакан, атласу адрас хусусияти таърихии худро нигоҳ доштааст ва ҳоло ҳам мардум ба он аҳамияти махсус медиҳанд. Либос низ тарбиятдиҳанда шуда метавонад, зеро он нигоҳдорандаи шарму ҳаёи зану мард аст. Мехоҳам ин нуктаро биафзоям, ки муаррифгари асосии либосҳои миллӣ санъаткорону ҳунармандон ва варзишгарон шуда метавонанд. Масалан, сарояндагон, ки ҳамеша дар шабакаҳои телевизионӣ баромад мекунанд, ба либоспӯшии онҳо ҳама диққат медиҳанд. Бештар аз ҳама ба либоспушии онҳо ҷавонон тақлид менамоянд. Чакан, атласу адрас имрӯз ҳам намунаи беҳтарини либосҳои миллии мо дониста мешаванд ва симои ҳақиқии занону модарони мо дар он таҷассум меёбад. Ин матлабро бисёр ҳунармандони тоҷик дарк кардаанд, вале гоҳо баъди обрӯ пайдо кардан миёни халқ онҳо оҳиста-оҳиста либоси миллиро бо либосҳои ғайр иваз мекунанд. Беэътиноӣ ба либоси миллӣ бештар дар байни ҷавондухтарон дида мешавад. Онҳо бештар либосҳои ба қавли худашон аврупоӣ ба бар мекунанд ё аз матои миллӣ либосҳое омода месозанд, ки ба фарҳанги миллӣ хилоф мебошад. Баъзе тарроҳон низ дунболагири “мӯд”-и ҷаҳонӣ шуда, хусусиятҳои фарҳанги либоспушии мардуми тоҷикро ба назар намегиранд. Андешаи онро дорам, ки тарроҳони мо бояд худ “мӯд” бисозанд, на пайрави мӯди дигарон шаванд. Кӯшиш кунанд, ки дигар миллатҳо аз тарзи либоспӯшии мо тоҷикон истифода баранд ва онро барои худ ҳамчун“мӯд” қабул кунанд. Боварӣ дорем, ки дар Соли ҷавонон бурду бохти мо дар боби тарбияи фарҳанги миллии ҷавонон баррасӣ шуда, дар роҳи устувори ҳифзи рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ ҷавонон чун машъалбардорони сафи пеш худро муаррифӣ менамоянд. Шамшоди ҶАМШЕД, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

√ АСРОРИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҲУНАР

Орзуст, ки инсонро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат қавӣ мегардонаду барои даст ёфтанаш ба мартабаи баланд таҳрик медиҳад. Ин гавҳари қимат бо қувваи ғайриоддӣ доим ҳамсафару ҳамрадифи инсон буд, ҳаст ва хоҳанд монд.

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Худро эҳтиром бояд кард Муваффақият ҳамин аст, ки вақте баробарат мардум мегиряду механдад Гузашти вақт баҳри инсоният пешаву ҳунарҳоеро ба вуҷуд овард, то зиндагӣ ранги дигар гираду муҳаббати зистани ҳақиқӣ бештар гардад. Имрӯз роҳи театр ҳунарест, ки танҳо инсонҳои соҳибистеъдоду дорои мақсади муайяндошта метавонанд, то андозае дар ин ҷода шаҳди комёбӣ бичашанду ба зинаи баланди ҳунармандӣ расанд. Ҳунарпешае, ки муваффақу комёб аст, Моҳпайкар Ёрова мебошад, ки ҳам дар театр ва ҳам дар синамо мавриди таваҷҷуҳи бинандаи хушзавқ аст. Вақте аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна тавонистаанд, то бо комёбӣ ҳамсафар гардад, иброз дошт: “Сирри муваффақияти мо дар он аст, ки аз самими қалб меҳнат мекунем, тамоми вуҷуди худро ба ҳунар мебахшем. Ҳар комёбӣ вобаста ба худи инсон мебошад. Чи тавре ки нисбат ба кор муносибат намоӣ, ҳосилашро ҳамон тавр мебинӣ. То мо барои ривоҷу равнақи ҳунари худ таваҷҷуҳ накунем, ҳеҷ гоҳ наметавонем, ба дастоварде ноил гардем. Ман бисёр хушҳол мешавам аз он ки маро то андозае мардум мешиносанд ва дӯст медоранд. Гарчанде дар нақшҳои хурд ҳунарнамоӣ намудаам, вале онҳо хотирмон буданд. Вақте ки нақш меофарӣ, бояд ба ҳамон пустини нақшат ворид шавӣ. Тавассути офаридани нақш, вақте симои аслии қаҳрамонро нишон медиҳию мардум онро қабул мекунад, баробари ту мегиряду механдад, ҳамин аст муваффақияту комёбӣ”. Ба таъкиди ӯ, дар мо истеъдоди Худодод мегӯянд. Ин шояд дар байни ҳазор нафар яке бошад. Барои ҳунарманд шудан лозим аст, доим дар такопу бошиву ҷаҳони маънавии хешро васеъ гардонӣ. Нақш офаридан дар театр ва синамо душвор аст. Тафовут доранд. Дар театр бо тамошобин рӯ ба рӯ мешавам. Вақте ки саҳна мебароям ва мебинам, ки толор қариб ки холӣ аст, илҳоми нақшофарӣ дар ман пайдо намешавад. Дар синамо бошад, тамоман дигар аст. Дар он бояд чашмонат зинда бошаду

ҳар як нақши худро самимӣ иҷро намоӣ. Агар хоҳӣ, ки дар ҳақиқат мардум туро дӯст дораду шиносад, бояд аввал худро эҳтиром кунӣ. - Ба назари Шумо ҳунармандӣ чист? Ҳунарманд будан хеле душвор аст. Талаботаш ҳамин аст, ки ту бояд худро ба ин пеша бахшӣ. Ин ҷода барои занҳо хеле мушкил аст. Ё оиларо интихоб карданат пеш меояд ва ё касбро. Буд муддате, ки ман аз соҳа дур шуда будам ва боз баргаштаву чандин солест, ки бо сарбаландӣ фаъолият намуда истодаам. Ҳунарманд шудан мактаби ҳаёт аст. Панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ кам аст. Бояд каме ҳам таҷрибаи ҳайтӣ дошта бошед. Яъне он ғаму андӯҳ ва хушу хурсандие, ки дар ҳаёти ту мешавад, ҳамаи инро баъдан ту метавонӣ ҳангоми иҷрои нақшҳо дар саҳна боз ҳам самимитар ҳунарнамоӣ кунӣ. Вақте коргардон вазифадор мекунад, ки дар ҳамин ҷо, масалан гиряи ту даркор аст, ин хеле душвор аст. Дар баъзе ҳунармандон дида мешавад, ки бо техникаи ҳунариашон оби дида шашқатор мерезад. Вақте ки дард набошад, оби дидаи туро бовар карда намешавад. - Ҳунарманд кадом вақт худро муваффақ меҳисобад? - Вақте ки мегӯянд шумо ситора ҳастед, ман ба фикр фурӯ меравам. Зеро ман худро ситора намеҳисобам. Муваффақияти ман муваффақияти ҳама аст. Илҳом мегирам, ки вақте барои тамошобин ва мухлисони худ нақш меофарам. Комёбӣ аст, вақте ки мухлисону дӯстдорони синамо ва театр ҳунари маро қадр ме-

кунанд. Замоне, ки нақши хурд ҳам мебозам, дар ёдашон ҳаст. Муваффақ будан хуб аст. Вале чӣ тавр муваффақ мешавӣ? Барои ин соатҳо, рӯзҳо ва моҳҳо кор кардан зарур аст. Бештар китоб хондану огаҳ будан даркор. Муваффақият аз ҳамин сарчашма мегирад, ки бояд бесавод набошӣ. Ҳунарам зиндагии ман аст. Аз он ки дар ин росто муваффақ ҳам бошам, гуфтанӣ нестам, ки ана ҳамин қуллаи баланди ҳунари ман буд. Ҳаргиз. Ҳоло ба он қуллаҳо нарасидаам. Бо меҳнату корҳои эҷодии худ боз ҳам дар талошу ҷустуҷӯи нақшҳо ҳастам. Шахсе ки баъди ба қуллаи баланд расидан, “ман” гуфта мегардад, фикр мекунам аз ҳамон баландӣ боз меафтад. Бинобар ин, кӯшиш намекунам, гӯям, ки ман аз ҳама ҳунарманди бузургам. Чунки ҳар ҳунарманд ҳунари асили худро дорад. Чунин ҳунармандон дар мо кам нестанд. Ман ҳунармандони худамонро метавонам бо ҳунармандони “Голливуд” баробар намоям. - Ба андешаи Шумо, зинаҳои расидан ба комёбӣ кадомҳоянд? - Барои он ки то ба чизе даст ёбед, зинаҳои ба он расидан хеле зиёданд. Бубинед, вақте ки тифл қадамҳои нахустини худро мемонад, боз бо ҳамон нерӯи кӯдакии худ кӯшиш мекунад, бештар ҳаракат намояд. Ҳар шахс низ, вақте қадаме мемонаду муваффақ мешавад, дар ин ҷода бояд наистад, балки боз давом диҳад. Зина ба зина омӯхта, таҷриба гирифта, хонда, савод омӯхта ва аз ҳодисаҳои атроф хабардор шудан лозим. Вақте ин чизҳоро риоя мекунед, ҳатман ба қуллаи баланд мерасед.


8

Ҷоми вазири корҳои дохилӣ насиби ВКД шуд

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Дар мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба шиноварӣ миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Ҷавонон - неруи созанда, ки дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷамъиятии «Динамо»-и ВКД доир гардид, дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омад. Дар мусобиқа 100 нафар дар ҳайати 10 даста иштирок намуданд. Шиноварони дастаи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Миёни мардон Раҳматулло Шарипов - корманди Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷойи аввал, Алиҷон Машрабов - намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зинаи дуюм ва Азиз Усмонов аз дастаи Вазорати мудофиа ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд. Миёни бонувон Сурайё Имомназарова - варзишгари Вазорати мудофиа ҷойи якумро соҳиб гашта, ҷои дуюм ба Дилафрӯз Халилова аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва зинаи сеюм ба Фирӯза Убайдуллозода - намояндаи Академияи ВКД муяссар гардид.

Мақсад қаҳрамони ҷаҳон шудан аст 5 феврал дар бинои Сирки давлатӣ ба ифтихори Соли ҷавонон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди самбои муҳорибавӣ баргузор гардид. Фатҳиддин Гулов, варзишгар аз тими “Гвардияи миллӣ” дар вазни 85 кило аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дод. Ӯ дар ин мусобиқа бо ҳарифаш аз дастаи “Истиқлол” ба муҳориба баромада, дар “муҳорибаи олӣ” мақоми аввалро ишғол намуд. Дар баробари Фатҳиддин варзишгарони дастаи “Гвардияи миллӣ” боз се медали тилло ва ду нуқра ба даст оварданд. Фатҳиддин ҳамагӣ 23 сол дорад. Ӯ соли 1994 дар ноҳияи Бохтар таваллуд шудааст. Аз хурдӣ ба ин намуди варзиш шавқу рағбати беандоза дошт. Ҳамин шавақу рағбат ва дилбастагӣ ба варзиш буд, ки дар кутоҳтарин муҳлат тавонист ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. - Вақте хурд будам, орзуи онро доштам, ки мисли бародарам Бахтиёр Тураев дар мусобиқаҳо иштирок намоям. Замоне ки ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо натиҷаи хуб бармегашту ҳама ӯро бо тантана пешвоз мегирифтанд, шавқи

варзишгар шудан дар дилам дучанд мегардид, - мегуяд Ф. Гулов. Бахтиёр Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародари Фатҳиддин, баъди ҷамъбасти карйераи варзишиаш орзу мекард, ки бародараш давомдиҳандаи каси ӯ бошад. Бо ҳамин хотир Фатҳиддинро дар 17-солагӣ аз намуди гӯштин ба муҳорибаҳои омехта даъват намуд. Давоми панҷ соли тамрин дар ин риштаи варзиш Фатҳиддин тавонист дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ мақомҳои ифтихориро касб намояд. Зимни суҳбат Фатҳиддин таъкид намуд: “Ба наздикӣ чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар давлати Чин баргузор мегардад. Аз ҳозир омодагиҳоямонро ба ин мусобиқа дида истодаем. Дар назди худ мақсад гузоштаам, ки парчами кишварро дар зинаи якум парафшон намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоям”.

Тавре Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ қайд карданд, ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавонон ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро аз донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ваҳдат, рушди илму техника равона созанд. Беҳуда нест, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шуд.

Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Дипломи саммити барандагони ҷоизаи Нобел ба ФФТ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ баҳри ҷавонон дар иқдоми сулҳхоҳӣ дар 16-умин саммити барандагони ҷоизаи Нобел, ки 2-5 феврал дар пойтахти Колумбия – шаҳри Богота – баргузор шуд, бо диплом сарфароз гашт.

Рустам Хоҷаев сармураббии «Хуҷанд» таъйин шуд Рустам Хоҷаев, мутахассиси 44-солаи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Вай дар ин вазифа Ҳамид Каримовро, ки ҳамагӣ ним сол дар «Хуҷанд» кор кардааст, иваз намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, клуби футболи «Хуҷанд» бо Рустам Хоҷаев қарордод ба тасвиб расонд ва ӯ ба вазифаи нави худ 3-юми феврал шуруъ кард. Рустам Хоҷаев солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе кор кардааст. Ҳоло ёвари Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон мебошад. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии лигаи олии чемпионатро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардида буд. Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз дастаҳои Тоҷикистон, дар клубҳои футболи Қазоқистон ва Белорус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибон чор гол задааст.

Ифтихори мардуми Конибодом

Диплом ба ФФТ барои татбиқи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» – мусобиқа миёни дастаҳои наздиҳавлигии кӯдакон супурда шудааст. Лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд», ки аз соли 2013 роҳандозӣ шудааст, имсол маротибаи чорум доир гардид. Вазифаи асосии лоиҳа ба машғулиятҳои футбол ҳарчи бештар ҷалб кардани теъдоди зиёди кӯдакон мебошад. Дар тӯли чаҳор соли ахир барои татбиқи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» беш аз 300 даста ширкат дошт, ки ҳудуди 10 ҳазор кӯдакро дарбар мегирифт. Ёдовар мешавем, лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» соли 2015 дар Монако бо ҷоизаи созмони байналмилалии «Peace and Sport» (“Сулҳ ва варзиш”) мукофотонида шуда буд.

Ҷавонони Коллеҷи технологии Конибодом бо варзишгари номӣ, дорандаи унвони номзади Устоди варзиш оид ба намуди бокс Иномхон Обидов ифтихор доранд. Иномхон Обидов 26-уми майи соли 1956 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз айёми наврасӣ ба варзиш шавқи калон дошт. Дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба бокс (муштзанӣ) баромад карда, соҳиби унвони номзад ба Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Соли 1972 ӯ ба собиқ техникуми технологии шаҳри Конибодом дохил шуд. Солҳои 1975-1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандиашро адо кард. Ҳангоми хизмати ҳарбӣ дар Олмон дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок кардааст. Баъди адои хизмат таҳсили худро дар техникуми технологӣ давом дод. Баробари таҳсил дар қувваозмоиҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. Пас аз хатми техникуми технологӣ соли 1978 бо пешниҳоди устодаш, сарвари мактаби варзишии шаҳр Н. Олимов фаъолияташро дар соҳаи варзиш оид ба бокс оғоз намуд. Аз ҳамон сол дар ҳаёти Иномхон Обидов вазифаи масъулиятнок – тарбияи варзишгарони навраси шаҳр сабт гардид. Иномхон Обидов шогирдони зиёдеро тайёр намудааст. Аз нахустин соли фаъолияти кориаш шогирдонаш дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, натиҷаи беҳтарин ба даст овардаанд. Кору пайкори ин марди накӯном ифтихори ҳамдиёрон ва дӯстон аст. Ҳар ҷавони бонангу номуси кишварамон бояд аз Иномхон Обидов ибрат гирад. Ба ҳар шахс табиат истеъдод, маҳорат, қувваю ҷасорат, дороиву шуҷоат адо менамояд. Танҳо такмил ва сайқали он ба кӯшишу ғайрат, ҳиммат ва мақсади ягона вобаста аст. Ихтиёр ҶӮРАЕВ, омӯзгори Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом


«Ҳосилот» дар даври плей-оффи Ҷоми КФО бо «Дордой» вомехурад Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат – “Ҳосилот”-и Фархор бозии ҷавобии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо дастаи “Шоҳин Осмоӣ”-и Афғонистон мусовӣ (0:0) кард ва ба даври плей-офф роҳхат гирифт. Ҳарифи “Ҳосилот” дар даври дигар барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Қирғизистон “Дордой”-и Бишкек аст, дар ду бозӣ тими “Балкан”-и Туркманистонро шикаст дод (1:1, 2:1). Бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми КФО миёни дастаҳои “Ҳосилот” – “Дордой” 21 феврал дар шаҳри Ош, бозии ҷавобӣ бошад, 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

√ МАЙДОНИ

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

САБЗ “Вақте бо кӯдакон дар маҳалла футбол бозӣ мекардем, падари Фаррух Раҳматов (футболбози ШАҲБОЗИ “ССКА”- и Душанбе) дар ҳамсоягии АСОМИДДИН мо зиндагӣ мекарданд. Ӯ бозии моро тамошо мекард. Баъдан ӯ ба писараш фармуд, ки маро ба ягон дастаи футбол барад ва Фаррух Раҳматов соли 1993 маро ба варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оварда, дар тими кӯдаконаи “Диёр” дохил намуд. Дар он даста ман таҳти рақами 9 бозӣ мекардам”, - мегӯяд Хуршед Маҳмудов.

Ҷоми ФФТ-2017: ҳашт дастаи даври финалӣ маълум шуданд Дар даври финалии Ҷоми ФФТ, ки 10-19 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳашт даста – “Ҳосилот” (Фархор), “Хайр” (Ваҳдат), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Куктош” (Рӯдакӣ) аз минтақаи Душанбе, “Равшан” (Кӯлоб), “Ҳулбук” (Восеъ) аз минтақаи Хатлон ва “Хуҷанд” (Хуҷанд)-у “Оли Сомон” (Мастчоҳ) аз минтақаи Суғд иштирок мекунанд. Ин дастаҳо дар минтақаашон беҳтарин будаанд. Даври пешакии Ҷоми ФФТ дар се минтақа баргузор шуд. Дар Душанбе 9 даста – ба ғайр аз чор дастаи номбаршуда “Локомотив-Помир” (Душанбе), КМВА “Помир” (Душанбе), “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Истиқлол” (Душанбе) ва “Барқчӣ” (Душанбе) дар ду гурӯҳ барои роҳхат талош карданд. Тимҳои “Истиқлол” ва “Барқчӣ”-ро ҳайати ҷавононашон намояндагӣ карданд. “Ҳосилот” ва “Хайр” аз гурӯҳи “Б”, “Регар-ТадАЗ” ва “Куктош” аз гурӯҳи “А” ба даври дигар баромаданд. Дар минтақаи Хатлон даври гурӯҳии мусобиқа 4 феврал ба анҷом расид. Дар даври нимфинал, ки 6 феврал доир гардид, “Парвин”-и Бохтар бо “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Равшан”-и Кӯлоб бо “Саройкамар”-и Панҷ вохурданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Парвин” – “Ҳулбук” мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи восеъгиҳо хандид – 5:4. Дар бозии дигар “Равшан” бар тими “Саройкамар” бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар минтақаи Хатлон 11 даста вориди

майдони сабз шуда буданд – ба ғайр аз чор дастаи мазкур, инчунин «Вахш» (Қурғонтеппа), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Пахтакор» (Қубодиён), «Сомон» (Данғара), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Шоҳин» (Муъминобод). Дар минтақаи Суғд бозиҳо бо иштироки ҳашт даста – “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Оли Сомон” (Мастчоҳ), “Ашт” (Ашт), “Эсхата” (Хуҷанд), СОП (Хуҷанд), МВКН №1 (Хуҷанд), “Захираҳои олимпӣ” (Истаравшан) ва “Зарбдор” (Исфара) – ба таври даврӣ доир гардид. “Хуҷанд” бо 21 хол дар ҷои аввал, “Оли Сомон” бо 16 хол дар ҷои дуюм мавқеъ гирифтанд. Тибқи муқаррароти мусобиқа дастаи ҷои аввали гурӯҳи “А” (“Регар-ТадАЗ), ҷои дуюми гурӯҳи “Б” (Хайр) аз минтақаи Душанбе, ҷои дуюми минтақаи Суғд (Оли Сомон) ва ғолиби минтақаи Хатлон (“Равшан”) дар даври финалӣ дар гурӯҳи “Б” бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “А” ғолиби гурӯҳи “Б” (“Ҳосилот”), ҷои дуюми гурӯҳи “А” (“Куктош”) аз минтақаи Душанбе, ғолиби минтақаи Суғд (“Хуҷанд”) ва ҷои дуюми минтақаи Хатлон (“Ҳулбук”) ворид мешаванд.

Бозӣ барои Абарҷом дар Ҳисор доир мегардад Варзишгоҳи нави шаҳри Ҳисор дорои 25 ҳазор ҷои нишаст аст. Дар бозии ҳаштум барои ба даст овардани Абарҷоми Тоҷикистон қаҳрамони феълии мамлакат – “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемипионати мамлакат – “Ҳосилот” вориди майдон мешаванд. Рӯзи баргузории мусобиқа баъдан эълон мешавад. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Абарҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор мешавад. Аввалин бозӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд. Бозиҳои солҳои баъдӣ дар Қурғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014 ва 2015) ва боз ҳам Турсунзода (2016) доир гаштаанд. “Истиқлол” шаш маротиба – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 - Абарҷомро ба даст овардааст. Фақат як бор, соли 2013, Абарҷом насиби “Равшан” гардидааст, ки дар майдони худ тими “РегарТадАЗ”-ро шикаст дод. Бозиҳои Абарҷоми Тоҷикистон (2010-2016): 2010 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1 2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1 2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. (4:3 – пеналтӣ) 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

Хуршед Маҳмудов - №9 дар футболи тоҷик Маҳмудов Хуршед Асламович, Устоди варзиши байналмилалӣ, 8 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Падараш Маҳмудов Аслам корманди соҳаи энергетика, модараш Барно Маҳмудова хонашин мебошанд. Хуршед дар оила дуюм фарзанд аст, як бародар бо номи Ҷамшед дорад. Соли 1998 ӯ ба ҳайати эҳтиётии дастаи “Варзоб” шомил шуда, соли 1999 ба тими захиравӣ ворид мегардад. Ниҳоят, соли 2000-ум дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, то соли 2001 ҳунарнамоӣ кард. Дар ҳайати тими “Варзоб” ду маротиба - солҳои 1998/1999, 1999/2000 чемпиони Тоҷикистон гардид. Баъди ин ҳунарнамоӣ дастаи “Регар-ТадАЗ” соли 2002 Хуршедро бо маблағи 2 ҳазор доллари амрикоӣ даъват кард. Хуршед дар дастаи «Регар-ТадАЗ” таҳти рақами 9 ба майдон баромад (қаблан дар дастаи “Диёр” ва “Варзоб” бо ҳамин рақам бозӣ мекард). Бозингари 35-солаи тоҷик дар дастаи “Регар-ТадАЗ” 13 сол бозӣ карда, шаш карат қаҳрамони Тоҷикистон 2001/2002, 2002/2003, 2003/2004, 2004/2005, 2006/2007 ва 2007/2008, чор дафъа ғолиби Ҷоми Тоҷикистон 2001, 2002, 2005, 2006, як маротиба ғолиби Ҷоми даъватии AFC-2006, се карат ғолиби Ҷоми Президенти AFC-ро ба даст меорад. Соли 2014 Хуршед Маҳмудов бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ду сол шартнома мебандад. Дар ин даста таҳти рақами 20 баромад намуда, ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2014, 2015) мегардад. Баъди қатъ гардидани шартномааш дар тими “Истиқлол”-и Душанбе соли 2015 бо дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе шартномаи яксола мебандад. Бозии нахустинашро дар тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соли 1998 шуруъ намуда, аз соли 2004 ба ҳайати асосии тими мунтахаби Тоҷикистон шомил мешавад. Дар умум, дар тими мунтахаб 29 бозӣ анҷом дода, 7 тӯб ба дарвозаи рақибон задааст. Нимҳимоятгари тоҷик 3 маротиба (2005, 2006, 2008 ) унвони Беҳтарин футболбози Тоҷикистонро соҳиб гардидааст. Соли 2008-2009 Конфедератсияи футболи Осиё Хуршед Маҳмудовро беҳтарин футболбози Ҷоми Президенти AFC эълон намуд. Агентии иттилоотии "Варзиш-Спорт» соли 2014 Хуршедро беҳтарин футболбози Тоҷикистон эълон кардааст. Айни ҳол ин футболбози тоҷик озод аст ва аз ҷамъбасти карйер а и варзишиаш ҳам хабар надодааст.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

Ҷавонон ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавобгӯ бошанд Ба ифтихори Соли ҷавонон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти муассиса ва зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зикр шуд, ки ҷавононро зарур аст ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Таъкид шуд, ки Президенти кишвар саҳми ҷавононро дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба назар гирифта, соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карданд. Ҷавонон бояд ба ин дастгириҳои Сарвари давлат доимо ҷавобгӯ бошанд ва ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд. Ҷавонон бояд бо Ватану миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошанд.

Таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон беҳтарин фазилати сарварӣ ва оқилонатарин самти сиёсати давлатдорист, ки дар тамоми гузоришу вохӯриҳо, ҷашну маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ зоҳир мегардад.

Паёми ояндасоз Дар ҷавонӣ сайъ кун гар бехалал хоҳӣ самар, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. (Ҷомӣ) Таъкиду таваҷҷуҳи махсус сари масъалаи ояндаи ҷавонон дар Паёми солона ва эълон доштани соли 2017 - Соли ҷавонон иқдомест наҷибу созанда, зеро синни миёнаи аҳолӣ 24 солро дар бар мегираду қисмати бузурги аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Даврони истиқлолият аз 13 ба 39 расидани шумораи муассисаҳои олии касбӣ ва даҳҳо маротиба афзудани шумораи донишҷӯён, сохтану таъмири зиёда аз 2,5 ҳазор муассисаҳои миёнаю умумии таълимӣ ва имконоти таҳсили зиёда аз 39 ҳазор донишҷӯён дар ҳориҷи мамлакат, бешубҳа аз хизматҳову раҳнамоиҳои Сарвари давлат аст, дар самти стратегияи давлатии рушди нерӯи ҷавонон. Таъкиди махсус дар масъалаи рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ муҳимтарин нуктаи Паёми ояндасоз буд. Пешниҳоди ташкили маркази илмӣ-тадқиқотии иноватсионӣ баҳри фарогирии ҷавонони боистеъдоду эҷодкор дар самти ихтироъкорӣ ва кашфиёти илмҳои дақиқу техникӣ иқдоми дурандешона барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аст. Дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми Ватанӣ – ғанигардонии қудрати давлат ва обрӯи он аст. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни нерӯи инсонӣ муассиртарин гомгузорист дар бунёди давлати индустриалӣ. Таъкиди доимии шиори “Мутахассис ҳама мушкилотро осон месозад” ишораи ҳакимона дар ояндасозист, ки фардои миллатро рӯшан месозад. Пешниҳод дар боби аз миқдор ба сифат боло бурдани нишондодҳои илму маориф ва омӯзиши илмҳои бунёдии риёзиёт, кимиё, физикаю технологияи иттилоотӣ, фарогирии пурраи ду-се забони хориҷии мутахассиси ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ ҳадафи асосист баҳри истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои кишвари маҳбуби мо. Содда намудани талаботи қонунгузорӣ доир ба воридоти сармоя ва технологияи навтарини истеҳсолӣ, инчунин роҳ кушодан ба ташкилу истифодаи инфрасохтори сайёҳӣ наҷибтарин ибтикорот ба фардои дурахшони Ватан аст. Ҷавонони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод бо ҳиссиёти волои миллӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои пешниҳодгардида бо хониши аъло ташаббус нишон медиҳанд. Месазад, ки соли нав бо фазои озодӣ сиёсию фарҳангӣ зери ғояҳои ориёии ватанпарварӣ, бо ҳидоятҳои ояндасози Паём Тоҷикистонро маҳзани илму эҷод, мабдаи нуру зиё ва ҷавлонгаҳи биҳиштии сайру саёҳат гардонем. А. ЗАРИФӢ, Дилбари ИЛҲОМ, омӯзгорони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

Паём – дастурамал барои ҳама Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирифт. Ин Паём барои ба роҳ мондани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастурамали мукаммал ба ҳисоб меравад. Дар Паём Пешвои миллат таҳлилҳои саҳеҳ ва асоснокро пешниҳод намуда, нишондиҳандаҳоро дар самти иқтисодию иҷтимоӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат таҳлил намуда, ҳамаи дастовардҳоро маҳсули меҳнати содиқонаву софдилонаи ҳар як шаҳрванди заҳматкаши Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобиданд. Паёми Пешвои миллат ҳуҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд ва барои амалишавии онҳо дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар ин ҳуҷҷати стратегиву сарнавиштсоз ба хотири рушди минбаъди кишвар як қатор вазифаҳо назди масъулини соҳоти мухталифи мамлакат гузошта шуд. Аз ҷумла, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нав, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, дар маҷмуъ ноил гардидан ба се ҳадафи стратегие, ки дар назди давла-

ту Ҳукумат гузошта шудааст: аз бумбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аллакай дар кишварамон заминаҳо барои расидан ба ин ормонҳои наҷиб муҳайё ҳастанд. Дар охири соли 2016 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат сохтмони сарбанди НБО “Роғун” шуруъ гардид. Таъкид шуд, ки охири соли 2018 агрегати нахустини ин неругоҳ ба кор дароварда мешавад. Сохтмони роҳҳо ва нақбҳои мошингард, роҳҳои оҳан, ки дар Паёми Пешвои миллат ба ин масъалаҳо ишора карда шуд, тавонист, ки Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил диҳад, рафту омади доимии байни минтақаҳоро таъмин намояд ва ваҳдати байни тоҷикистониёнро боз ҳам устувортар гардонад, зеро ҳамаи дастовардҳо маҳз туфайли Ваҳдати миллӣ, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 20-солагии онро таҷлил менамоянд, насиб гардидаанд. Таъмини амнияти озуқаворӣ ки яке аз ҳадафҳои дигари давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад, зина ба зина дар амал татбиқ гардида истодааст. Баланд бардоштани сатҳи

некуаҳволии мардум, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани нафақа, маош ва кӯмакпулиҳо, ки дар Паём бо рақамҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ пешниҳод гардид, шаҳодат аз он медиҳад, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат миллати тоҷик ба дастовардҳои арзанда ноил гардида истодааст. Паёми навбатии Пешвои миллат, хусусан барои насли ҷавони мамлакат хотирмон хоҳад буд. Зеро Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон шавад. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ҷавонон масъулияти ҷавононро дучанд мегардонад ва онҳо барои сазовор будан ба боваривии Пешвои миллат бояд ҷиддитар меҳнат намоянд. Ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ин иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат, яъне Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017-ро хуб пазируфтанд. Ба ин муносибат дар маркази навбунёди ноҳия дашти Рогиф ҷавонону наврасон бо хушнудӣ бо бардоштани шиору овезаҳо ва расмҳои Пешвои миллат роҳпаймоии идонаро таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» баргузор намуданд. Дар ноҳия баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани Соли ҷавонон иқдомҳое рӯи даст гирифта шуд. Бори аввал барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия стипендияи раиси ноҳия таъсис дода шуд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмири 5 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Таъсиси толори варзишӣ дар зербинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва таҷҳизонидани он бо лавозимоти варзишӣ, ҳамчунин лоиҳаи варзишгоҳ барои 5 ҳазор нафар дар маркази нави ноҳия дар ин сол ба нақша гирифта шудааст.

Ҳотамбек АҲМАДОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа Ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа ба шумор рафта, ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди калон дорад. Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ қарор доранд. Қисми зиёди аҳолии мамлакатҳои ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар ҷомеа нақши махсусро мебозанд. Ҷавонон бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ, босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз натиҷа ва дастовардҳои соли 2016 ёдовар шуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагӣ дар соли 2017 вазифаҳои мушаххасро муайян намуданд. Президенти кишвар ба ҳаёти ҷавонони кишвар диққати махсус дода, аз қувваи бузург будани онҳо ёдовар шуд. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоем, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад» - афзуданд дар Паём Пешвои миллат. Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки мо, насли ҷавон имрӯз сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои

миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди кишварҳои мутамаддин баробар гардонидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем. Ҳар ҷавон бояд қобилият, маҳорат ва малакаи донишомӯзӣ дошта бошад. Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонон бояд савияи дониши худро баланд бардоранд. Ҳамаи мактабҳову донишкадаҳо бо техникаи ҳозиразамон таъминанд ва мо, ҷавононро уҳдадор менамояд, ки илму техникаро аз худ намоем, то ки ба ғамхориҳои Президенти мамлакат сазовор гардем. Мо, ҷавонон ояндаи миллату давлат ҳастем, кӯшиш кунем, то ҷомеаи худро ободу зебо гардонем ва барои пешрафти ҷомеа илмҳои замонавиро аз худ намоем.

Шаҳнозаи ДОДАРБЕК, донишҷӯ


ММТ: аз соли 2018 довталабони мактабҳои олӣ кори хаттӣ месупоранд Шуруъ аз соли 2018 тибқи дастури Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ мегардад ва барои ҳамаи довталабон навиштани эссе бо забони тоҷикӣ ҳатмӣ хоҳад шуд.

«Кори хаттӣ, иншои озод (эссе) воситаи хуби санҷиши дониш ва малакаю маҳорати хонандагон, махсусан маҳорати арзёбии мустақилона, баёни дуруст ва мураттаби фикр, доираи андеша, ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи саводнокии онҳост», — изҳор дошт Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба ин рӯзҳои 21-22-юми ноябри соли 2016 озмоиш гузаронида шуд, ки дар дар он хонандагони синфҳои 11-и 28 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Таҳлили натиҷаи бадастовардаи иштирокдорони озмоиши кори хаттӣ нишон дод, ки дараҷаи дониши хонандагон, бахусус нутқи хаттии онҳо баланд нест. Холи миёнаи бадастовардаи иштирокдорони озмоиш 8,9 аст. Дар ҳоле ки мувофиқи меъёри муқарраршуда холи имконпазири ҳадди аксар барои кори хаттӣ (эссе) 24 мебошад.

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Донишҷӯёни ДДТТ барои тарғиби сайёҳӣ ба “Сафед-Дара” рафтанд “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад”. - Мо ин суханони Пешвои миллатро, ки дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буд, сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани гуфтаҳо тамоми саъйи худро равона месозем. Кӯшиш мекунем, ки ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ - Тоҷикистон, ки бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст, боз ҳам аз наздик ва бо тамоми нозукиҳояш муаррифӣ намоем. Ҷои шубҳа нест, ки диёри мо бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир мебошад. Бо назардошти ин ҳама зебоӣ бо итминони комил метавон гуфт, ки дар фурсати начандон дур шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш меафзояд, - иброз дошт мудири шуъбаи кор ба ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуалим Ҳомидов. 1 феврали соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави суханони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳамчунин, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» сафар намуданд. Абуалим Ҳомидов - мудири шуъбаи кор ба ҷавонони донишгоҳи мазкур

√ 2018-2028

ҳадаф аз сафари худ ба ин мавзеъро чунин шарҳ дод: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои фоидаовар ба иқтисодиёти давлат буда, рушди ҳарчи бештари он ба беҳ шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бо мақсади иттилои бештар пайдо намудан ва аз наздик шиносонидани донишҷӯёне, ки дар ин самт таҳсил менамоянд, ба ин ҷо сафар намудем. Ҳамчунин, бо назардошти он ки имсол аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидааст, мо хостем, ба ин васила мутахассисони варзида дар соҳаи сайёҳӣ маҳз аз ҳисоби ҷавонон бошанд. Ин сафари мо дар корҳои амалии онҳо кӯмаки зиёд мерасонад”. Маълум гардид, ки баъзе донишҷӯён то ҳол ин маконро надида будаанд. Баъди тамошои ин мавзеъ фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. Чуноне, Мадина Дилоева гуфт: “Ҳамеша орзуи сайру гашт ба ин минтақаи туристӣ ва зебою фароғатии кишварро мекардам. Баъди сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ба ин макон мароқи бештар зоҳир намудам. Бешак, ин мавзеъ барои ҷалби сайёҳон ба кишвар ва умуман саёҳати шаҳрвандони кишвар ҷои хубу мусоид аст”. Ба гуфтаи Шаҳло Тӯраева, “Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» баъд аз навсозию таъмир ба як мавзеи воқеан дил-

фиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрини намудҳои варзиши зимистона табдил ёфтааст. Ин бебаҳотарин тӯҳфа барои ҷавонон дар Соли ҷавонон аст. Мо вазифадорем дар ҷавоб ба ин дастгириҳо барои рушди соҳаҳои варзишу туризм ҳисса гузорем”. Азиза Шоева ба ин назар аст, ки баробари ба Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» омадан диққати маро нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал ҷалб кард. Вуҷуд доштани дӯконҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ далолат аз он медиҳад, ки иншооти номбаршуда бо вуҷуди дар муддати кӯтоҳ бунёд гардиданаш, хушбахтона бо назардошти талаботи меҳмонону сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ба Муҳриддин Хайриддинов майдони бозиҳои рӯйи ях писсанд омад. “Дар кишвари мо таҷрибаи нахустин мебошад. Ин имконият фароҳам меовард, ки дар оянда бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад”, - гуфт ӯ. Ин гурӯҳи донишҷӯёни ДДТТ тасмим доранд, ки дар Соли ҷавонон тамоми имкониятҳоро баҳри тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ дар кишвар истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ гузоранд. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”

Эълони барандагони се озмуни КҶВС Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш баргузор шуд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода аҳли толорро ба муносибати эълон гардидани Соли ҷавонон табрик намуд. Ҳамчунин, дар ҳамоиш ғолибони як қатор озмунҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон гардида, бо ҷоизаҳо қадр карда шуданд. Дар озмуни “Беҳтарин мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар соли 2016” Абудалим Ҳомидов (ДДТТ) сазовори ҷои аввал гардид. Ҷойи дуюм ба Ашӯр Ашӯров (ДТТ) ва ҷои сеюм ба Сайдулло Қувватов (ДДОТ) насиб гардид. Комрони Ҳошим – донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Таронаи донишҷӯӣ-2016” дониста шуд. Зайнаби Файзулло (ДДТТ) сазовори ҷои дуюм ва Манучеҳр Орифзода (ДДЗТ)-ву Нозия Саидзода (ДДК) сазовори ҷои сеюм гардиданд. Дар озмуни “Донишҷӯи сол-2016” бошад, донишҷӯи ДДТТ Мадина Дилоева ҷои аввалро соҳиб шуд. Дилнора Амонова (ДМИТ) ва Маҳинбону Шарифова (ДДК) ҷойи дуюм ва Инна Андреевна (Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав) ҷои сеюмро сазовор гаштанд. Баъд аз супоридани ҷоизаҳо барномаи фарҳангии ҳунармандони ҷавон пешниҳод карда шуд.

– ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР”

Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Қобили зикр аст, ки форумҳои ҷаҳонии об дар ҳалли масъалаҳои мубрами об дар тамоми ҷаҳон саҳми бисёр арзишманд мегузорад. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад.

Об - манбаи рушди устувор

Тибқи арзёбиҳои муътамад аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 %-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Агар ба оини таърихи гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок дониста, баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардониданд. Яъне, аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Аммо инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молиявӣ имкон намедиҳанд, ки захираҳои мавҷудаи об ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд. Сарфи назар аз захираҳои кофии

об, имрӯз тақрибан 57 фоизи аҳолии мамлакат ба манбаъҳои бехатари оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоиз ба шароити хуби санитарӣ дастрасӣ дорад. Ин масъала алалхусус дар деҳот тезутунд буда, дастрасии сокинони деҳот ба оби нӯшокӣ қариб 40 фоиз ва ба хизматрасонии беҳдоштӣ на зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Офатҳои табиии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳамоно мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Тоҷикистон кишварест, ки 93%и қаламрави онро кӯҳсори релефаш мураккаб ташкил медиҳад. Селу обхезиҳо ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар зарари калон мерасонад ва дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона, боиси ҳалокати одамон мегардад. Мушкилоти зикршудаи марбут ба об, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯст, ба

дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хос мебошад. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа ва тағийрёбии иқлим ба раванди обшавии пиряхҳо – манбаи асосии об – таъсири манфӣ мерасонад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам об ҳаст, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он ғаждӣ партояд ё ягон амалӣ носазое нисбат ба он раво бинад, зеро: Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок, Нашояд фикандан дар он сангу хок, Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар, Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар. Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида, инсон нафас рост мекунад. Об ҳаст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт нест. Мутаассифона, бархе инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо ғаждӣ мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштаи он, макруҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар шахси мусулмон дониста мешавад.

Фозил ҲАЙДАРОВ, донишҷӯи Донишгоҳи технология ва менеҷменти инноватсионӣ


12

√ МАЪЛУМОТИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

Соли 1859 дар Австралия 24 адад харгӯш ба муҳити табиӣ сар дода шуд. Баъд аз 6 сол теъдоди онҳо ба 60 000 000 расид.

√ РОҲ

www.oftob.org

БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

Навраси миллионер

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Пул ва сарват воситаест, ки тамоми инсоният барои ба даст овардани он талош мекунад. Он орзуи инсонҳо, воситаи раҳо шудан аз ниёзмандиву бенавоӣ, заминаи саховатмандиву хайрхоҳии одамон аст.

√ ПУРСИШИ

“ҶТ”

Дар дунё шахсеро вохӯрдан ғайриимкон аст, ки дар дил орзуи сарватманд буданро надошта бошад. Аммо одамон бо ҳар роҳу восита барои ба даст овардани он талош мекунанд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар ин роҳ танҳо ҳамон нафароне муваффақ мегарданд, ки иштиёқи беандоза ба кори худ доранду муборизу ҷоннисоранд. Бар замми ин, аз каме нобарорӣ маъюсу ноумед нашудан низ нишонаи дигари муваффақ гаштани инсонҳост. Саргузаште, ки дар поён овардан мехоҳем, аз рӯзгори наврасе қисса мекунад, ки ҳанӯз дар 8-солагӣ соҳиби миллион доллари амрикоӣ гашта буд. Райан Росс зодаи Канада буда, ин сарвати худро дар тули панҷ сол ба даст овард. Ӯ танҳо ҳамон амалеро анҷом дод, ки ба шавқу ҳавасҳояш созгор буд ва мисли дигар сарватмандон

бо тамоми майлу рағбат ба он машғул шуд. ГОМҲОИ НАХУСТИН Ин писарбача ҳанӯз дар 3-солагӣ як қитъаи хурдакаки замини пушти ҳавлиашонро интихоб намуда, дар он фермаи мурғпарварӣ бунёд намуд. Нахуст ӯ ҳамагӣ 60 мурғ дошту ҳамарӯза тухмҳои онҳоро ба фурӯш мебаровард ва даромади якрӯзааш 15 долларро ташкил медод. Сипас, ин машғулият ӯро хаста намуд ва ин миллионери оянда лоиҳаи навро тарҳрезӣ кард. Ӯ ба қайчӣ кардани сабзазорони назди иморатҳо мароқ зоҳир намуд ва як соати кории худро 20 доллар баҳогузорӣ менамуд. Вале бо сабаби он ки аз уҳдаи кашола карда бурдани мошини даравкунӣ баромада наметавонист, ӯ ба рафиқони калонсолтари худ маблағ медод, то ба ҷои ӯ ин

корро анҷом бидиҳанд. Бар ивази меҳнаташон барои як соати корӣ ба онҳо 15 доллар музд медод. Ҳамин тариқ, бо вуҷуди он ки ӯ кореро анҷом намедод, даромади ӯ дар як соат 5 долларро ташкил мекард. Минбаъд барои об додани сабзазорон ӯ меҳнати худро 200 доллар баҳогузорӣ намуд, барои он нафароне, ки ин корро ба ҷойи ӯ анҷом медоданд, нисфи ин маблағро (100 доллар) медод. Модараш Саванна Росс дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки “Ӯ ин ҳамаро мустақилона фикр карда ёфтааст, ҳама кору пайкори ӯ ману шавҳарамро дар тааҷҷуб мегузошт, ӯ хеле моҳирона аз уҳдаи ташкили ин ҳама корҳо мебаромад”. ПУЛ ВА ШУҲРАТ Минбаъд ин навраси қавиирода қарор дод, ки тамоми маблағҳои пасандознамудаашро барои амволи ғайриманқул сарф менамояд. Айни замон ӯ дорои 6 иморати шахсӣ мебошад, ки дар Колумбия ва Онтарио воқеъ мебошанд. Моликияти шахсии ин писарбача дар соли 2013 900 ҳазор долларро ташкил дода буд. Ӯ ҳамчунин пайваста барои такмил додани дониш ва малакаи худ саъю кӯшиш менамуд ва бо ин мақсад тақрибан 4000 китоб харид. Вале бо худ телефони мобилӣ надошт (чун волидонаш иҷозат намедоданд). Тибқи иттилои Саванна Росс дар мактаб ягон нафар аз ҳамсинфонаш бовар наме-

кард, ки Райан Росс тоҷири муваффақ ва соҳиби ширкати хусусӣ аст, онҳо гумон доштанд, ки ин таърифу тавсиф ва худситоие беш нест. Дар 9-солагӣ ӯ аллакай таъмини пурраи оилаашонро бар уҳда дошт. НАҚШАҲОИ МИНБАЪДА Айни ҳол Райан Росс ба ҳама чизе ки мушарраф гардидаст, қонеъ набуда, ният дорад, ки ду дастаи хоккей харидорӣ менамояд. Ӯ чунин меҳисобад, ки бо ин васила ӯ имкони дар лига баромад карданро пайдо мекунад. Яъне нақшаҳояш зиёданду талошҳояш суботкорона ва азму иродааш қавӣ. Ин навраси мубориз хасташавӣ ва ноумедиро кори мардуми беору беирода мешуморад. ХУЛОСА Имрӯз ин миллионери наврас Райан Росс 11 сол дорад ва тавре аз саргузашт ва асрори муваффақиятҳои ӯ бармеояд, ҳама ин барору муваффақият хеле ба осонӣ барояш муяссар гардидааст. Дар синну соли наврасӣ соҳиби ширкатҳои хусусӣ ва амволи ғайриманқули фардӣ гаштан шояд дар асл ҳам ба назари наврасони дигар чун афсонае менамояд. Ӯ шояд беихтиёр, бе тарсу ҳарос ва аз рӯи шавқу завқу кунҷковӣ қоидаҳои маблағгузориро истифода намуда, дур аз ҳар гуна ғаразу сохтакориҳо ба шуғли дӯстдоштааш даст заду муваффақ гардид ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Саргузашти ин наврас бори дигар собит месозад, ки ҳар як шахс, новобаста аз синну сол, метавонад сарватманду муваффақ бошад.

ШУМО, ПОСУХИ МО

Далерҷон Аҳмадов, сокини шаҳри Норак: - Ҳамасола муассисаҳои филмбарорӣ филмҳои сершуморро истиеҳсол ва пешкаши тамошобинон менамоянд. Ба назар чунин мерасад, ки дар ин миён на ҳамаи филмҳо муваффақ мешаванду ба завқи тамошобинон рост меоянд. Сабабаш маълум: сифати паст, ҳунармандон аз уҳдаи офаридани нақш намебароянд, набудани нақшофарони ҳирфаӣ (аксари нақшофарон ҳофизони эстрада ва ё барандаҳои телевизонанд) ва монанди ин. Филмҳое, ки барои ҳалли мушкилии ҷомеа мусоидат кунанд, қариб ки дида намешавад. Имрӯз маҳз ҳамин камбудиҳост, ки фазои кинои тоҷикро филмҳои ғайр, ба монанди филмҳои туркӣ пур кардаанд. Ҳамчунин ба мушоҳида мерасад, ки то имрӯз ягон филм оид ба ҳаёти ҷавонон надорем. Яъне филме, ки дар ҳалли мушкилоти ҷавонон мусоидат кунад, нест. Чаро?

Чаро аз ҳаёти ҷавонон филм надорем?

Парвиз Ашӯров, офарандаи нақши асосӣ дар филми “Умеди зиндагӣ”:

- Маҳз набудани филмҳо аз ҳаёти ҷавонони кишвар моро водор намуд, ки филми “Умеди зиндагӣ”-ро ба навор гирем. Мо бо таҳияи филми садсериягии “Умеди зиндагӣ” хостем чанд мушкили доғи ҳамсолони худро пешниҳоди ҷомеа кунем. Шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки “Умеди зиндагӣ”

нахустин филми тоҷикие мебошад, ки дар ҳаҷми 100 қисм таҳия шуда, хоси ҷавонон мебошаду ҳаёти онҳоро инъикос менамояд. Филми мо аз ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо, нодидаю нофаҳмида ба шавҳар додани духтарон ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон қисса мекунад. Имрӯз мебинем, ки ҷудошавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд аст. Мо бовар дорем, ки ин филм метавонад дар пойдории оилаҳои ҷавон таъсир мерасонад. Вақте дар оилаҳо маҷбуран як духтарро ба писар медиҳанд, дар чанд моҳ онҳо алаккай ба ҳамдигар нафрат пайдо мекунанд. Вақте муҳаббат нест, он зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Мо дар филм муҳаббати воқеиро нишон додем. Бо вуҷуди он ки сенарияи филм тахайюлист, аммо мо кӯшиш кардем, ҳамаи саҳнаҳое, ки дар филм ба навор гирифта мешаванд, ба ҳаёти реалии ҷавонон мутобиқат намоянд. Ҳамчунин, дар филм мо кӯшиш кардем, ки ба ҷавонон то кадом андоза муҳим будани таҳсилро дар макоти-

би олӣ фаҳмонем. Нишон додем, ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ соҳиби ягон касб ва ё илм намегардад, ранҷу азоб кашида, муҳтоҷи дигарон мешавад. Ҳамчунин азоби падару модароне, ки таҳсили фарзандони худро нахоста, танҳо хостгори он ҳастанд, ки писару духтари онҳо умре дар деҳот ба корҳои деҳқонӣ машғул шаванд. Фикр мекунам, бо Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат ин филм низ хеле мувофиқ омад. Баъд аз ба фурӯш баровардани се қисми филми “Умеди зиндагӣ” мо дарк кардем, ки имрӯз ҷавонон воқеан ба ҳамин гуна филмҳо эҳтиёҷ доранд. Алаккай чанд ҷавон ба мо муроҷиат намуда гуфтанд, ки филм дар ҳалли мушкили онҳо мусоидат намудааст. Масалан, як ҷавон аз шаҳри Кӯлоб бо номи Фазлиддин дар тамос шуда қайд намуд, ки дар Донишгоҳи миллӣ, дар факулултети физика таҳсил мекунад. Ҳамсояи онҳо ба хотири он ки фарзандонаш ӯро дида ҳаваси таҳсил накунанд, ҳамеша носазояш мегуфтаасту хоҳиши тарки донишгоҳашро до-

штааст. Вале ин писар баъди тамошои филми “Умеди зиндагӣ” дарк кардааст, ки агар бе маълумоти олӣ монад, чун писарони ҳамсоя ва бародарони худаш як умр мардикор мешавад. Дар нақша гирифтаем, ки соли 2017 бо имкониятҳои мавҷуда қисматҳои боқимондаи филмро ба навор гирифта, пешкаши тамошобин намоем. Бояд аз студияи “Сомон филм” изҳори миннадорӣ намоям, ки маҳз кӯшиши кормандони ҳирфаии он барои ба мақсад расидани мо кӯмаки зиёд намуд. Бо дастгирии ин студия баъзе қолабҳоро шикастему филмро дар тарҳи нав пешкаш намуда истодаем. Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru

Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


Ҷамъомад: пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Норак бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ» ҷамъомад доир гардид. Дар он сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Исмоил Шерхонов, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Тоҷиддин Шарифзода, мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва наврасону ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангин иштирок карданд. Масъулин роҷеъ ба нақши наврасону ҷавонон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ҷавонон, омилҳои даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон сухан гуфтанд. Чунин мулоқот ҳамчунин дар ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон баргузор карда шуд.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ПОЧТАИ “ҶТ”

Ҳарчи кунӣ, боз нишонат диҳанд Нерӯҳои сиёсии динӣ-мазҳабӣ вазифаҳои худро дар роҳ ёфтан ба фазои сиёсӣ медонанд ва аз ҳама шеваҳои мубориза истифода намуда, боиси бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷомеа гардида, ҳар лаҳза раванди ҳамзистии осоиштаро халалдор сохта, фазои динии носолимро ба вуҷуд меоварад, ки роҳ сӯи терроризм ва экстремизм мебошад. Инро метавон аз муноқишаҳои кишварҳои мусулмонӣ эҳсос намуд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм дар шаклу намудҳои мухталифи инфиҷорҳо, сӯиқасд ва ҷисман нобуд кардани шахсиятҳо, бо роҳи зӯрӣ ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм зуҳур намудааст. Бо дарназардошти манфиатҳову ғаразҳои сиёсӣ, бо истифода аз бовариву эътиқоди мардум ба арсаи сиёсат кашидани исломи сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замон сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣ мегардад. Аммо, мутаассифона, имрӯзҳо қувваҳои тахрибкор исломро ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ табдил додаанд. Гурӯҳҳои ифротии исломӣ бо таъсис додани созмони динӣ-сиёсӣ ва истифода намудан аз арзишҳои диниву мазҳаб��, боиси ранҷу машаққати аҳолии бегуноҳ гардидаанд. Ҳаводиси дар Туркия рухдода делели гуфтаҳои болост. Дар ҳамлаи террористии 31-уми декабри соли 2016 ба муассисаи тафреҳии «Рейна»-и шаҳри Истанбул, ки онро шаҳрванди 34-солаи Узбекистон Абдуқодир Машарипов, маъруф бо лақаби «Абу Муҳаммад Хуросонӣ» бар уҳда дошт, 39 нафар кушта ва зиёда аз 60 нафари дигар маҷруҳ гардиданд, ки дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия, Кувайт, Канада, Исроил, Сурия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ливан ва Ливия қарор доштанд. А. Машарипов омодагии ҷангиро дар Покистон ва Афғонистон гузашта, пайрави созмонҳои тундгарои исломӣ буда, аз ҷониби мақомоти Узбакистон дар кофтукоб қарор дошт. Номбурда моҳи январи соли 2016 ғайриқонунӣ аз ҳудуди Эрон ба Туркия ворид гардидааст. Дар ин бора мақомоти марбутаи Туркия далоили радношавандаро ироа доштанд. Васип Шоҳин, шаҳрдори Истанбул Машариповро «террористи омӯзишдида»-е хонда, ки чор забонро медонад. Ба қавли ӯ, ин шаҳрванди Узбекистон моҳи январи соли гузашта ғайриқонунӣ вориди Туркия шудааст. Ин ҳодисаро раҳбарони ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан маҳкум карданд. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ гуфт, ки «тамоми андешаҳои мо дар бораи қурбониҳо ва ҳам азизони онҳо аст. Мо ба хотири пешгирӣ аз такрори чунин фоҷиаҳо корро идома хоҳем дод». Амрико бо пахши изҳороте ин ҳодисаро «як ҳамлаи ваҳшатбори террористӣ» номид. Бояд тазаккур дод, ки пулиси Туркия иброз дошт, дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доштанд. Яқин аст, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин кишвар умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, пайравони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳайси миёнарави байни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ва шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекарданд ва манзилҳои худро ба нафароне иҷора медодаанд, ки ба Сурия рафтуомад доштаанд. Фирориёни Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки Туркияро макони зисти муваққатии худ қарор додаанд, барои расидан ба суду мақсадҳои нопоку ғаразноки худ ба нафарони бешумор зиён мерасонанд. Ҳимоят аз қувваҳои ифротии динӣ барои ҳар давлат новобаста аз шакли идоракунӣ ва равияву мазҳабҳо хатарзо буда, ба қатлу куштор, таркишу нобудсозиҳо, нором кардани ҷомеа оварда мерасонад. Ин аст, ки дастгирии созмонҳои ифротии динии ҲНИТ дар Туркия ба чунин ҳолат овард. Ҳукумдорони Туркия кӯшиши ҳамдастӣ намудан ва ҳамфикр шудан бо ақидаҳои динӣ-мазҳабиро карданд. Ҷонибдорӣ аз дингароёни ашадӣ ба он оварда расонд, ки пайравони саркаш қатлу кушторро роҳандозӣ намоянд. Амалиёт ҳангоме сар зад, ки сатҳи раҳбарияти аввалини он аз қувваҳои динӣ, исломи сиёсӣ ва ифротиҳои мазҳабӣ ҷонибдорӣ менамуд. Аз рӯи ин ақида бояд ифротиҳо дар ин кишвар даст ба ҳамлаҳои хунин намезаданд. Чунки Туркия аз онҳо муҳофизат мекард. Барои қувваҳои ифротии динӣ муҳим нест, ки кадом афроди сатҳи ҷаҳонӣ аз эшон ҳимоят мекунад, барои онҳо муҳим он аст, ки ҳамеша қатлу куштор ва таркишу нобудсозиҳо идома дошта бошад.

Рустам РАҲИМОВ

Маънавиёти ҷомеаро ҳифз кунем Бо шарофати истиқлолият ва озодӣ тамоми рукнҳои ҳаёти моддӣ барои ҷомеа фароҳам аст, аммо як рукни асосии бақои миллат, ки маънавиёт аст, хеле коставу ноқис ба назар мерасад. Мо пас аз чандин санҷиши сотсиологӣ муайян сохтем, ки назари аксари ҷавонон нисбат ба дороиҳои шахс майлони иқтисодӣ дошта, бисёре аз пурсидашудагон сарвату молу пулро дороии асосии инсон мешуморанд. Пас хазинаи зарҳалини тамаддуни шарқӣ, ки бо гавҳари фазилат, эҳтиром, меҳр, эҳсон, сабр, ҳилм, қаноат, хираду маърифат пироста шудаанд, куҷо меравад? Оё мо дониста ба коми аждаре, ки рақобати зӯру нозӯр, фаҳшу куштор, ғорату фиреб, ки демократияи ғарбӣ ном дораду дар он фарҳанги поси хотир, эҳтироми волидон, шафқат бо кӯдакону пирон, маъюбону бекасон нест, кӯр-кӯрона, чун пода ворид мешавем? Ҷаҳонигардонӣ ҳам як раванди ғарбгароист, зеро бо технологияи муосири иттиллоотӣ чун аждаҳои заҳҳокӣ ба мағзи ҳама сокинони сайёра панҷа задааст. Аз ин рӯ, зарурати таърихиву имонист, то маънавиёти ҷомеаро бо асли он пайванд диҳем. Миллати шарифи тоҷик дар таърихи тамаддуни инсоният чун миллати китобдору китобхон шуҳратёр аст, ки тавассути он нобиғагоне ба даҳр пешкаш сохтааст. Қавму қабилаҳои бодиягарди турку тозӣ, домулло гуфта тоҷиконро дар назар доштанд, ки имрӯз ҳам дар байни қазоқону қирғизҳо ин мафҳум ҷой дорад. Он маънавиёте, ки модари закии тоҷик зери болини тифл дар гаҳвора девони Ҳофизу Бедил, ё китоберо зи осори ниёгон мегузошт, куҷо шуд?! Он тарбия буд, ки раҳнамои хирад буд бо маниши озодагон. Эҳтироми хонаводагии шарқӣ, ки ғарб зи он бӯе набурдааст, маънавиёт аст. Салобати шоҳонаи марди хонадон, порсоию кадбонугии зани хонадон, итоати фарзандон ва меҳр ба хонаи меросии бобоӣ, чун каъбаи ҷумла пайвандон маънавиёт аст, ки ваҳдати ногусастаниеро дар пай дорад. Меҳр ба ҳар як сангу хишти меросӣ, меҳр ба ҳар як узви хонадон, меҳр ба ҳамсоягон, меҳр ба ҳар як хурду бузурги диёр, меҳр ба обу хок, гулу гиёҳи ёлаву пуштаҳои Ватан маънавиёт ва фарҳанги шарқист, ки дар шеъру тарона, қиссаву афсонаҳо, аз насл ба насл, аз дил ба дилҳо макон гирифта. Пас насле, ки лолоии модаркалону аллаи модар, қиссаю афсонаи бобову бибӣ, чистону зарбулмасалҳои падар ва озмуни тезгӯяку булбулонёбии бародарону хоҳаронро нашунидааст, кист? Зи худ бегонае, вомондае, канда аз шоху наслу решае! Насле, ки бо ҳавас досу тешаи бобоӣ нагирифтаву дар мазраи падарӣ дарав накардаву бандина нагирифта, пайванди ниҳолакон надида, чӣ касест? Ё оне, ки паҳлӯи бобою падар нишаста ҳикмати Шоҳномаю Маснавӣ, панди Саъдию Ҳофиз, муаммою сеҳри сухани Бедил нашнида, чӣ касест? Гар давлат чун дарахтест, маънавиёти он чашмаи поку мубаррост, ки решаҳои

мағзии шохаҳову навдаҳоро ғизорасон аст. Худое накарда ин сарчашма олуда гардад, мағзи дарахти азим пукида аз боди мухолифе хушкидаву меафтад. Имрӯз мо ниҳоли наврустаи истиқлолро, ки аз кундаи дарахти дерсоли ориёӣ сабз шудааст, боғбонем, қарзи виҷдониву инсонист, то решаҳои ин ниҳолаки умеду орзуи чандинҳазорсолаи ниёгонро бар асл бирасонем, зеро дар ин ҷангали вуҳуш, ки ҳаёташ хонанд, ҳазорон даду девест пайи вайронӣ, месазад, то содиқона барои бақои ин ниҳоли меросӣ ҷонфидо бошем, дар роҳи тарбияи наслҳои солиму маънаван сарватманд. «Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад» - гуфтани Лоиқ пайкеву ишорае буд, то ғановати маънавии ҷомеаро зи варта боздорем. «Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми шарқ?!» - хитобаи ҷонсӯзи Иқбол буд, ки панде нашуд ва шарқро ғарб бар доми хеш дигарбора афканданист. Зарурати таърихист, то аҳли сиёсату раёсат, маорифу фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт баҳри бақои арзишҳои халлоқонаи миллӣ рӯй бар сӯи тарбияи маънавии наслҳо оранд, ки бе маънавиёт бақои миллат нест. Маърифати китобхонӣ, нашру чопи осори ҳакимонаи ниёгон дар андозаи гуногун вобаста ба синну соли аҳли ҷомеа, тағйироти куллӣ дар барномаҳои таълимии фанҳои адабиёт, таърих, фалсафа, забон ва ҳуқуқу ҷомеашиносӣ қадами нахустин бояд бошад, дар ин роҳ. Дигаргунии куллӣ дар муҳтавои барномаҳои телевизионию радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ворид сохтан зарур аст, зеро ҳадаф танҳо хабарҳои қатлу куштору ваҳшатро расонидан аст, балки ҳадаф ғанигардонии маънавиёти ҷомеа мебошад, боқӣ ҳеҷ. Торномаҳои миллӣ бояд инъикосгари рӯҳи миллӣ маънавиёту фарҳанги миллӣ гарданд, на майдони бӯҳтону ғайбат ва дашному фаҳшгуфторӣ. Ин рисолати аҳли зиё, рӯшанфикрону ворастагони миллат аст. Як нуктаи арзишманд он аст, ки фарҳанги хонаводагии миллиро эҳё созем. Чуноне, ки дар Ориёи бостон роиҷ буд, то

каёну сипаҳбадон, ҳакимону ҳунарварон, баҳри наву дархурӯш нигоҳ доштани хуни аҷдоди хеш, бо наслҳои ақвоми дигар аҳди оиладорӣ мебастанд, ки сарчашмаи бақои наслҳои ориёӣ гардид. Бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба он арзиши волои ниёгон, қонун дар бораи пешгирӣ аз никоҳи хешовандон ва ҳамхунон қабул гардид, ки такони ҷиддие дар ин роҳ шуд. Мақсад аз кушодани шоҳроҳҳо на танҳо рушди иқтисодӣ, ҳамчунон ҳадафҳои иҷтимоӣ буд, то наслҳои зи ҳам дурафтодаи ориёӣ бо ҳам омезиш ёбанду ваҳдати ақвоми ориёӣ ба миён ояд. Ин иқдомро дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа мебояд, то ялони ватандору ҳакимони замон зи домони биҳиштии ин марзу бун бихезанд. Эҳёи арзишҳои ориёӣ ва дар мағзи насли наврас ҷой сохтани он беҳтарин василаи бақост. Зеро ноогоҳӣ ба варта барад ва мафкураи бегона ҷойгузини ин холигоҳ гардад. Зарурати миллию таърихист, то зиракии сиёсии наслҳо боло бурда шавад ва пеши ин селоби мазҳабситезию хурофоти динӣ гирифта шавад, ки мазаррати он ҷонкоҳ аст. Рисолати аҳли зиё, рӯшанфикрону ворастагони ҷомеа дар он аст, ки баҳри бақои насли ориё, пажуҳишу ҷустори илмию бостоншиносӣ, этнографию таърихиро барои эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ба роҳ монда, баҳри бедории ҳофизаи таърихии миллат машъалафрӯзӣ намоянд. Расонидан ба сарчашмаи асолати миллӣ ва таълими дарси хештаншиносию хештаншиносонии миллат муҳимтарин қарзи ватандорист. Таҳияву пешниҳоди корномаҳои абармардони ориёӣ дар китобу филмномаҳо муассиртарин василаи парвариши андешаи миллӣ ва ахлоқи ҳамидаи ориёна аст, ки зарурати таърихист.

А. ЗАРИФӢ, омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод


14

√ КИТОБИ НАВ “Роҳи субот”

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

Китоби “Роҳи субот” дар таҳияи Мирзоҳамдам Шарифзода ва Муродулло Почозода бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ чоп шудааст. Китоб аз замони таъсиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар соли 1998 то имрӯз нақл мекунад. Он бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи КИМ, ки 5 январи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, оғоз мешавад. Ҳамчунин, матолиби пурмуҳтавои раиси КИВ, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Фаттоҳзода бо унвони «Бо саъйи дурусту азми комил», раиси ноҳия Ғайрат Азиззода – «Рисолати созандагӣ» , раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Дилшод Зокиров – «Барои ҳадафҳои олӣ» дар бораи аҳдофи ҲХДТ, рисолат ва дастовардҳои ин ҳизби созандаву бунёдкор нақл мекунанд. Китоб дар ҳаҷми 88 саҳифа бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст.

√ НАЗМ

√ КӢ КАМОЛ НАСРУЛЛО

МЕҲАНИ ҶАВОНӢ Имрӯз меҳани мо худ меҳани ҷавонист, Файзу шукӯҳу арҷаш дар домани ҷавонист. Пероҳане, ки зебост бар қомати ҳама кас, Пероҳани муҳаббат, пероҳани ҷавонист. Пирӣ намепазирад ин меҳани куҳанбум, Зеро диле, ки дорад, андар тани ҷавонист. Рӯзу шаби ману ту шуд бе чароғ рӯшан, Нуре, ки оварад нур аз равзани ҷавонист. Ҳар сӯ назар бидӯзам, дар чеҳра гул шукуфта, Ин гулфишони шодӣ аз гулшани ҷавонист. Гармӣ расад ба ҷонам аз дидаҳои рӯшан, Ин оташи мунаввар аз гулхани ҷавонист. Ман эътимод дорам бар ҳосили фузунаш, Ризқе, ки дода Додор аз хирмани ҷавонист. Сад ман умед дорам ман аз нумуъи меҳан, То як тани ҷавонист, то як мани ҷавонист. Ман аз дифоъи меҳан ҳастам ҳамеша дилпур, То дар канори меҳан ин ҷавшани ҷавонист.

ҶАВОНӢ, ЗЕВАРИ МЕҲАН, ҶАВОНӢ! Ҷавонӣ, дар дилам гулхан, ҷавонӣ! Ҷавонӣ, дар танам ҷавшан, ҷавонӣ! Ҷавонӣ, зевари меҳан, ҷавонӣ! Қабои бахти ман дар тан, ҷавонӣ!

Шукуфтан, хестан, парвоз кардан, Раҳи уммеди нав оғоз кардан, Дари дунёи дигар боз кардан, Фурӯзон шав чу дил дар тан, ҷавонӣ! Ҷавонӣ, шуъла зан дар ман, ҷавонӣ! Ҷаҳонеро бикун рӯшан, ҷавонӣ! Қавитар бош аз оҳан, ҷавонӣ! Сутуни бовари меҳан, ҷавонӣ!

МАН ҶАВОНАМ Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам! Ман фурӯғи тозаи ин остонам! Реша дорам дар “Авасто”-и муқаддас, Дар сиришти Рустами равшанравонам! Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Ман туро, эй кишвари равшанзамирам! Ман туро, эй остони дилпазирам! Марзи ишқам, хоки меҳрам, маҳди пирам, Аз ҳама офоти дунё мераҳонам! Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Эй Ватан, эй хоки мардони хуҷаста. Оқибат завлонаи зулмат шикаста, Аз сари эҳсону имони ту раста, Ман туро то асли покат мерасонам, Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Туро майдони ҳастӣ лолахез аст! Нафасҳоят абиру мушкбез аст!

√ НАСР

Саидҷаъфар Азизов,

мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ

« СИЁСАТШИНОСӢ » Муалиф: Абдураҳмон Маҳмадов Соли 2010 тариқи нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст. Китоби мазкур, дар бораи равандҳои сиëсии ҷаҳони муосир ва Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти зарурӣ медиҳад. Дар китоб мавзуҳои наве ворид гардидаанд, ки хусусияти хос дошта, барои худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон донишу иродаи боэътимод фароҳам меорад.

√ СЕРФУРӮШТАРИН

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН Дар мағозаи “олами китоб”, воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе китоби «Сарбозони бесилоҳ»-и Фотеҳ Ниёзӣ серхаридор аст.

Бо ҳазоронсола таърихам ба ёдам, Бо сиришти некроён дар ниҳодам, Ман зи обам, ман зи хокам, ман зи бодам, Оташи зоти муқаддас дар ниҳонам, Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Нуқтаҳоятро ба маъно мерасонам! Қатраҳоятро ба дарё мерасонам! Ин фаратро то ба фардо мерасонам! Меҳани хоки бузургони ҷаҳонам! Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Биё, майдони ҷавлонат муборак! Биё, нурат, фари ҷонат муборак! Биё, ин файзу эҳсонат муборак! Биё, моро бикун рӯшан, ҷавонӣ!

Китоб тариқи нашриёти “Адиб” соли 1989 дар ҳаҷми 416 саҳифа ба табъ расидааст. Романи “Сарбозони бесилоҳ”-и Фотеҳ Ниёзӣ аз фидокорӣ ва меҳнатдӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ, ки дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун қувваи корӣ ба ақибгоҳ фиристода шуданд, ҳикоят мекунад. Ҳодисаву воқеаҳои роман хонандагонро аз шуҷоатмандӣ, иттифоқӣ ва қавииродагии мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шароити басо сангини Сибир барои фронт заводу фабрика сохтанд, ошно месозад. Нависанда дар симои қаҳрамонаш Ориф Олимов шахси ватандӯст, меҳнаткаш ва роҳбари одилу поквиҷдонро тасвир кардааст. Яке аз хислатҳои бисёр муҳиме, ки дар образҳои мусбати асари мазкур ба мушоҳида мерасад, осоишу фараҳмандии дигаронро ба нафси хеш тарҷеҳ додан мебошад, ки ба ҷомеаи имрӯза ҳамчун обу ҳаво лозим аст.

√ ОНҲО ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон

Пуфакҳо 500 нафар шунаванда дар семинаре ширкат доштанд, ки нохост тренер суханашро қатъ карда гуфт, ҳамроҳ бозии гурӯҳӣ мегузаронанд. Сипас, як баста пуфак овард ва иштирокчиёнро гуфт, яктоӣ пуфак гирифта ба рӯи он исмашонро нависанд. Баъд ҳама пуфакҳоро ҷамъ карда ба ҳуҷраи васеъе гузоштанд. Тренер шунавандаҳоро фармуд, акнун ҳар кас пуфакеро, ки рӯи он номашро навишта буд, ёбад. Дар ҳуҷра гӯё қиёмат барпо шуд, ҳама девонавор пуфаки “худро” меҷӯст. Якдигарро тела медоданд, пахш мекарданд, вале намеёфтанд. Пас аз 5 дақиқа аён шуд, ки касе пуфаки номаш сабтшударо наёфтааст.

Ҳама озодаву поку тамиз аст! Туӣ меҳан, туӣ меҳан, ҷавонӣ!

ЧӢ МЕХОНАД?

Ин дафъа тренер ба шунавандаҳо гуфт, яктоӣ пуфак гиранд ва ҳар кас ба навбат номи рӯи пуфакро хонад. Чун соҳиби ном пайдо шуд, пуфак ба дасташ дода шавад. Ба ин тартиб зуд пуфакҳо соҳиби худро ёфтанд ва масъала низ ҳал гашт. Дар ниҳоят тренер фикрашро чунин баён дошт: “Мо ин тарзи ҷустуҷӯро ҳар рӯз дар зиндагиамон мебинем. Ҳар яки мо хушбахтиро девонавор меҷӯяд, вале касе куҷо будани онро намедонад. Ҳол он ки хушбахтии мо дар хушбахтии дигарон аст. Шумо ба дигарон хушбахтӣ диҳед, хушбахтии шумо худаш ба сӯятон меояд!” Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Хуан Рулфо (1917 - 1986) ДИГАР НАМЕНАВИСАМ, ЗЕРО АМАКАМ ФАВТИД Хуан Рулфо муаллифи яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти Америкаи Лотинӣ - «Педро Парамо» мебошад. Нависанда баъд аз таълифи ин асараш 30 соли расо чизе нанавишт. Ӯ ҳам мисли Бартлби дар як бюро котиб буд ва пайваста зиндагиашро ба зиндагии Артур Рембо муқоиса менамуд. Маҷмӯи ҳикояҳои нависанда бо номи “Дашти оташин” асосан қиссаву ривоятҳоеанд, ки амакаш ба вай ҳикоят намудааст. Рулфо ба онҳое, ки мепурсиданд: “Чаро нависандагиро бас кардӣ?” як ҷавоб медод: “Барои он ки амакам Желерино, ки ин қиссаҳоро ба ман ҳикоят мекард, дигар дар қайди ҳаёт нест!” Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”


Боздиди 50 меҳмони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ Дар аввалин моҳи соли равон 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карда, бо шароити он аз наздик шинос шуданд. Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар додаанд, моҳи январи соли равон 3 ҳазору 144 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд мебошад. Дар моҳи аввали соли равон омаду рафти хонандагони доимии китобхона низ ба маротиб афзудааст. Моҳи январи соли 2016 42 ҳазору 575 нафар хонандагон вориди китобхона шуда буданд, ки ин рақам дар моҳи январи имсола 52 ҳазору 289 нафарро ташкил намуд.

Филворди “Сарнавишт”

√ ОШХОНАИ

“ҶТ”

Сарчашма “МО”

Қурутоб Маҳсулоти лозима Қурут - 10 ё 15 дона Равғани зард - 200 гр Пиёз – 400 гр Орд ва намак Таом барои 3 ё 4 нафар. Тарзи тайёр намудан Аввал дар табақи чӯбин қурутҳоро дар об тар мекунем. Баъдан дар коса оби на чандон гармро гирифта ба об каме намак ҳамроҳ менамоем. Ордро илова намуда, хамирро сахт шӯрида, як тараф мегузорем, то дам хурад. То дам гирифтани хамир пиёзро тоза карда, майда реза менамоем, равғанро ба болои оташдон мегузорем, то доғ шавад. Сипас қурутро об карда, аз хамир фатир мепазем. Фатирро дар табақ майда реза карда аз болои он пиёзи резашударо ҳамроҳ менамоем. Равғани доғро аз болои фатиру пиёз мерезем. Аслан ин навъи таомро бештар дар фасли зимистон омода мекунанд. Дар ҳар ноҳия тарзи омода кардани қурутоб гуногун аст. Бисёриҳо нугули помидору бодирингро низ ҳамроҳ мекунанд. Иштиҳои хуш!

√ ЗАБОН

15

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ

Муҳаққиқ, мутарҷим ва олим Вақте ки муаллим мегӯем, пеш аз ҳама симои омӯзгори ҳақиқӣ ва муҳаққиқу донандаи хуби забони англисӣ, устод Нормат Ҳайбатов пеши назар падид меояд. Зеро мавсуф устоди меҳрубон ва ғамхору мушфиқи шогирдон ба ҳисоб меравад. Устоди мо шахси басо ҳалиму хоксор ва марди бофарҳангу донишманд, мӯниси ёру дӯстон, қобилу фозил ва одилу оқил барин хислатҳои шоиста доранд. Меҳнати ҳалол, машаққати зиёд дар роҳи ба даст овардани дилҳо, эҳтироми Нормат Ҳайбатовро байни аҳли илму фарҳанг афзун намудааст. Ба қавли Маликушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: Дониш андар дил, чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Нормат Ҳайбатов соли 1973 шуъбаи забони англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм намудааст. Азбаски донишҷӯи аълохон, фаъолу ташкилотчӣ ва гирандаи стипендияи ба номи В.И. Ленин маҳсуб меёфт, ӯро дар факултети хатмкардааш ба кор гирифтанд. Нормат Ҳайбатов яке аз аввалин ташаббускорони ифтитоҳи дарсҳои забони англисӣ тавассути телевизиони ҷумҳурӣ буда, дар давоми солҳои 19911993 аз забони мазкур барои тамошобинон дарс гуфтааст. Соли 1992 роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мутахассиси сатҳи баланд будани Н. Ҳайбатовро ба инобат гирифта, ӯро бо хонаи сеҳуҷрагӣ таъмин ва дар асоси қарордод барои 10 сол ба кор ҷалб намуд. Устод Н. Ҳайбатов аз соли 1992 дар донишкада ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ, декани факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент ва аз моҳи марти соли 2009 ба ҳайси сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ кор карда истодааст. Дар баробари пешбурди фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, Нормат Ҳайбатов доир ба паҳлӯҳои мухталифи забони англисӣ, бахусус омӯзиши муқоисавии забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ, масоили одоби муоширати байналмилалӣ, хусусияти таълими забони англисӣ дар ихтисосҳои иқтисодӣ тадқиқот бурда, дар баробари танзим ва таҳияи барномаҳои таълимиву корӣ 10 дастур ва маводҳои ёрирасони таълимӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидааст, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа ва омӯзандагон хеле хуш пазируфта шудаанд. Ӯ чанд мақола ва асарҳои илмӣ-оммавиро аз забони тоҷикӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, муқарризиву муҳарририи як қатор асарҳои илмӣ ва мақолаву дастурҳои методиро бар уҳда доштааст. Нормат Ҳайбатов, ки ихтисос ва савияи касбии худро дар беҳтарин донишкадаҳо ва марказҳои забоншиносии ҷаҳон такмил додааст, дар доираи мутахассисони соҳа ба ҳайси муаллими мумтоз, тарҷумони болаёқат ва маслиҳатгари хуби ҷавонон эътироф ва қадр карда шудааст. Н. Ҳайбатов чандин сол ба ҳайси раиси комиссияи имтиҳони давлатӣ аз забони англисӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, коршиноси барномаи таълимии Донишгоҳи ҷомеаи озоди Хазинаи Сорос ва тарҷумони ғайриштатии аксар созмонҳои байналмилалии маскуни Душанбе ба фаъолият ҷалб карда мешавад. Н. Ҳайбатов устоди хеле моҳир, соҳибкасб, эҷодкор, навҷӯву навовар ва сахтгиру меҳрубон буда, машғулиятҳоро мувофиқи талаботи усулҳои муосиру самарабахши таълим бо истифода аз технологияи навтарини компютерӣ ба роҳ монда, шавқу рағбати шогирдонро ба донишомӯзӣ бедор менамояд. Ӯ маслиҳатгари доимии ҳамаи устодони кафедра мебошад. Барои меҳнати содиқона ва хизмати шоён Н. Ҳайбатов бо ифтихорномаҳои вазоратҳои маориф ва илм, мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, инчунин бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Гӯё ки байти зерин дар васфи мавсуф гуфта шудааст: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Омӯхтани сад забон осон гардад. Устод Нормат Ҳайбатов дар зиндагии шахсӣ низ хушбахту муваффақ буда, соҳиби хонаи обод, 5 фарзанди дилбанд ва 12 набера мебошад. Мавсуф аз он хушҳол аст, ки духтари калониаш Зарафобону аз пайи падар рафта, ба шогирдон аз фанни забони англисӣ дарс медиҳад. Дар ин ҷода падар барои ӯ намунаи ибрат ва маслиҳатгари доимӣ мебошад.

Моҳира ДАВЛАТОВА, устоди калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Фарзона ҚУРБОНОВА, муаллимаи забони русии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и Душанбе


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №06 (9484), 09.02.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ Як нафар деҳотӣ аз шаҳр барои зани ҷавонаш, ки ба умри худ оина надида буд, оинае харидорӣ кард. Зани бечора ҳамин ки сурати худро дар оина дид, тасаввур намуд шавҳараш зани тозае ба хона овардааст. Шиква ба модари худ бурд ва ӯро ба хонаи худ овард, то оинаро бибинад. Пирзан низ, ки ҳаргиз оина надида буд, чун сурати зишту пурчини худро дар оина дид, дар мақоми дилдории духтараш баромада гуфт: - Духтарҷон, ғусса нахур, ин аҷузаи бадсохт ҳаргиз ҷои туро дар дили шавҳарат нахоҳад гирифт.

Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОНОВ

√ АНДАРЗИ

Санг

Шахси бузурге гуфтааст: «Издивоҷ се давра дорад. Дар шаш моҳи аввал мард мегӯяд, зан мешунавад, дар шаш моҳи дуюм зан мегӯяд, мард мешунавад ва дар бақияи муддати издивоҷ ҳар ду бо ҳам мегӯянду ҳамсоягон мешунаванд».

√ ЭЪЛОН

“ҶТ”

Ҷавони сарватманде савори мошини гаронбаҳои ялаққосии хориҷӣ мерафт. Табъаш болида буду зери лаб сурудеро замзама мекард. Ногаҳон чашмаш ба бачаҳое афтод, ки дар канори роҳ нишаста буданд. Ӯ хост боэҳтиёт аз назди онҳо мошинро ронда гузашта равад ва суръати мошинро тезонд. Ин замон ба гӯшаш садои ба дари мошин бархӯрдани санге расид. Ҷавон мошинро нигоҳ дошта, аз он берун шуд ва аз гиребони яке аз писарбачаҳо гирифта такон дод ва доду фарёд баровард: - Нобакор! Чаро ту ба мошини ман санг андохтӣ? Оё ту медонӣ, ки ин мошин чӣ қадар арзиш дорад?! - Маро бубахшед, ҷаноб, - ҷавоб дод писарбача. – Ман асло мақсади ба мошини шумо зарар расонданро надоштам. Гап сари он аст, ки бародари ман маъюб аст, ӯ аз аробааш афтидаасту ман ӯро бардошта наметавонам, чун, ки ӯ аз ман бузург асту вазнин. Чанд соат боз мо аз мошинҳои аз ин роҳ гузаранда кӯмак талаб мекунем, аммо ягон мошин ин ҷо намеистад. Ман илоҷи дигаре надоштам, агар ба мошини шумо санг намеандохтам, шумо низ намеистодед. Ҷавон барои ба ароба шинондани писари маъюб кӯмак расонд, дилаш буғз карду гиря гулӯгираш намуд. Сипас ӯ ба назди

мошини худ омаду дар паҳлударии он осори аз таъсири санг маҷакшударо дид. Ӯ солиёни зиёд бо ин мошини худ мегашт ва ҳар боре устои мошинсоз таклифи таъмир ё иваз кардани паҳлӯдариашро мекард, ӯ ҳар дафъа рад менамуд. Чун, ки он ҷои маҷақшудаи паҳлӯдарӣ ҳар дафъа ба ёдаш меовард, ки агар шахс хоҳиши эҳтиёҷмандеро ба назари эътибор нагирад, ба сараш санг хоҳад афтид.

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шиносномаи шаҳрванд Зокиров Темурҷон Давлаталиевич (соли таваллудаш 20.06.1997), таҳти рақами А4183538, ки ШВКД-1-и ноҳияи Рӯдакӣ 11 июли соли 2006 додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №000944, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавии Вазорати тандурустии Тоҷикистон 24 январи соли 2011 ба Раҳимова Дилафрӯз додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи №0013471 ба дипломи серияи ТТ №007958, ки Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон соли 2013 ба Раҳимова Дилафрӯз Ҳошимовна додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар

JAVONON.TJ

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

Аз суҳбати ду ҷавон: - Дирӯз ду моҳии бузург гирифтам. - Бо шаст ё бо тӯр? - Бо пул!

БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5310 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, Суғд).


Ҷавонони Тоҷикистон, №06 (9484), 2017