Issuu on Google+

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№32 (9458), 11 августи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

БА ТАВАҶҶУҲИ МУТАСАДДИЁН!

1

ҶАВОНОНИ Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ТОҶИКИСТОН, назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61 бо мақсади муайян намудани беҳтарин Раёсат/Бах№32 (9458), 11.08.2016 ши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни соҳавии эълон намуда буд. Ҳарчанд барои таҷлили 25солагии Истиқлолият рӯзҳои башумор монда бошад ҳам, мутаассифона то ҳол аз ҷониби муовинони раиси Кумита: Мавсума Муинӣ, Ҳабибулло Амирбекзода, Дилшод Назаров ва Ризо Назарзода, сардорони раёсатҳо: Дилноза Аҳмадзода, масъулини раёсати шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои ВМКБ Расо Раҷабов, вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ва вилояти Хатлон Шаҳбоз Раҳимов ягон маълумот пешниҳод нашудааст.

 МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”

Одами босавод ватандӯст мешавад

 ҲАФТ РӮЗ 04.08.2016 Дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои он» бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб» баргузор гардид. 05.08.2016 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ» конфронс доир гашт. Дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ иштирок карданд. 06.08.2016 Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд «Иди асал», «Сайри харбу-

за» ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти полезӣ баргузор шуд.

ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

07.08.2016 Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзишсолимии ҷомеа» даври ниҳоии мусобиқаи кушоди волейбол байни бонувон баргузор шуд. Дар финал дастаи «Динамо»-и ВКД бар дастаи Вазорати маориф ва илм бо ҳисоби 2:0 дастболо гардид.

09.08.2016 Дар Кохи Сомон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ шуруъ намуд. Дар он наздики 1000 нафар меҳмон аз 90 кишвари олам, 50 созмон ва ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла 17 намояндаи сохторҳои СММ иштирок доранд. Дар ифтитоҳӣ чорабинӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

08.08.2016 Дар Қасри Миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими

10.08.2016 Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол» баргузор гардид.


2

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

Шоми 6-уми август дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, намоиши рассомон, ҳунармандон ва эҷодкорони халқиву мардумӣ, китобу маҷалла ва рӯзномаҳо баргузор гардид.

АХБОРИ ҲАФТА Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирон, раисони кумитаҳо, шоирону нависандагон ва сокинони пойтахт иштирок карданд. - Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур ҷалби мардум ба оммавигардонии чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, одат кунонидани насли наврас ва ҷавонон ба харидани китоб ва мутолиаи он, таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти зиндагии осоишта мебошад, - гуфт дар суҳбат бо мо Қурбонзода Авғон, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг. Баҳри болидагии рӯҳияи мардум, дар доираи чорабинӣ намоиши фарҳангӣ низ барпо карда шуд. Баргузор кардани чунин чорабиниҳо шанбеи ҳар ҳафта аз соати 19:30 то 22:00 то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон идома меёбад.

ММТ: 43 807 довталаб донишҷӯ шуданд Шумораи умумии довталабони дар ҳамаи давраҳо ба қайд гирифта (84 628 нафар) нисбат ба шумораи умумии ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2016 ҷудогардида (54 827) 29 801 нафар зиёд буд. Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) роҳёфта, яъне холҳои гузаришро аз субтестҳо (фанҳо)-и дахлдор бадастоварда 59 260 нафарро ташкил дод. Ба таъкиди номбурда, мувофиқи маълумоти омории натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз шумораи умумии довталабон 43 807 нафарашон муваффақ гардида, аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот гардиданд. Тибқи иттилои масъулини ММТ, шумораи умумии довталабони тибқи нақшае, ки ба муассисаҳои олии кишвар дохил шаванд, 54 827 ҷой аст ва аз ин 39 172 ҷой шартномавӣ ва 15 655 ҷой буҷавӣ мебошад. Пас аз тақсимот маълум гардид, ки 29 229 нафар тариқи шартномавӣ ва 14 578 нафар буҷавӣ ба муассисаҳои олӣ тақсим шуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо магистрон 8 август дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо магистроне, ки дар риштаи идоракунии давлатӣ таҳсил доранд, мулоқот кард.

Истифодабарандагони интернет дар кишвар кам шудаст Абдураҳмонзода Адолат, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки истифобарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ дар ҷумҳурӣ ба 2,8 миллион нафар расидааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 1 миллион нафар кам мебошад. Гуфта шуд, ки ҳоло шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 10 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 4,9 миллионаш фаъол ҳастанд. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди кишвар 63,0 адад дастгоҳи телефони мобилӣ ва 4,5 адад дастгоҳи телефони собит рост меояд. Ҳаҷми пешакии хизматрасонии алоқа бо назардошти операторони хусусӣ дар шаш моҳи якуми соли 2016 1048,3 миллион сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба даромади умумии шаш моҳи аввали 2015 84 фоизро ташкил медиҳад.

Воридоти маҳсулот кам шудааст Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ воридоти гандум ба кишвар 466 ҳазор тоннаро бо арзиши умумии 106,7 миллион доллар ташкил дод. Нархи миёнаи он барои як тонна дар сатҳи 229 доллари амрикоӣ қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 доллар арзон аст. Умед Давлатзода, ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки воридоти маҳсулоти озуқа дар ҳаҷми 87,4 миллион доллар, маҳсулоти нафтӣ 133,2 миллион доллар, чӯбу тахта 39,4 миллион доллар, воситаҳои нақлиёт 9,8 миллион доллар, маҳсулоти фармасевтӣ 5,6 миллион доллар, металлҳои сиёҳ 4,1 миллион доллар ва дигар молҳои ниёзи мардум кам шудааст. Зикр шуд, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар воридоти молу маҳсулот низ таъсири манфӣ расонд. Дар натиҷаи коҳиш ёфтани талаботи иқтисодии кишвар ва бозори дохилӣ ба молу маҳсулоти воридотӣ, инчунин паст шудани қобилияти харидории аҳолӣ дар шаш моҳи соли равон воридоти

молҳо 1,5 миллиард доллари амрикоӣ ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз камтар аст. - Ба Тоҷикистон бештар аз давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Эрон, Амрико, Олмон, Покистон ва Ӯзбекистон молу маҳсулот ворид карда мешавад. Аз ҳама зиёд ба кишвари мо таҷҳизоти технологӣ ворид мегардад, - гуфт У. Давлатзода. Дар нимсолаи аввали соли равон даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар сатҳи 99,4 фоиз иҷро гардидааст, ки 8245,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишкада зимни сухани ифтитоҳӣ аз дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, онҳоро ба меҳанпарастӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллӣ талқин намуд. Аҳтам Абдуллозода зимни баромадаш қайд кард, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни мамлакат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонон тамоми нерӯи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд. Дар идома Аҳтам Абдуллозода аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват намуд, ки барои ободу зебо гардонидани кишвар саҳми бештар гузоранд. Дар рафти мулоқот миёни раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва магистрон суҳбати озод доир гардид. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Талафоти барқ 15,7 фоизро ташкил медиҳад Дар нимсолаи аввали соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 7,1 млрд. кВт/ со��тро ташкил дод. Дар ин давра 1479,4 млн. кВт/соат энергияи барқ харидорӣ ва 586,1 млн. кВт/соат содирот шудааст. Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати “Барқи тоҷик”, дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки яке аз нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ки ҳаррӯза зери назорати доимӣ қарор дорад, сатҳи талафоти энергияи барқ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ин нишондиҳанда 15,7%-ро ташкил дода, ҳаҷми талафот ба 1352,0 млн. кВт/соат баробар шуд. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти нерӯи барқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ 17 573 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 32 763 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шуданд. Ширкат дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика дар нимсолаи дуюм тасмим гирифтааст, ки дар шабакаҳои барқи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд системаи биллингро ҷорӣ намояд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


Дар Душанбе Ҷоми “Истиқлол” оғоз шуд Дар майдонҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ чорумин мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол” бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид. Қабл аз оғози бозиҳо маросими ифтитоҳи мусобиқа доир гашт. Баъд аз гузашти дастаҳо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва ноиби президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода суханронӣ карда ба дастаҳо барор хостанд. Сипас, бозиҳои даври аввал баргузор шуданд. Дар гурӯҳи “А” “Динамо” бар “Газпром” бо ҳисоби 8:2 ғалаба кард. “Ориёнбонк” бошад, дастаи “Формула успеха”-ро шикаст дод – 6:4. Дар гурӯҳи “С” се бозӣ доир шуд. “Гумрук” бар “Tcell” (4:1), “Истиқлол” бар “Каз-

коммерсбанк” (6:1) ва “Бабилон” бар ФФТ2 (11:2) дастболо гардиданд. Дар мусобиқаи имсола барои дарёфти Ҷоми “Истиқлол” 25 даста дар 4 гурӯҳ ширкат доранд. Аз ҳар гурӯҳ 4-дастаӣ ба даври 1/8-финал мебароянд. Бозиҳои минбаъда бо системаи олимпӣ идома меёбанд. Вохӯрии ҳалкунанда 7 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Фонди ҷоизавии ҷом 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб соҳиби 40 ҳазор, дастаи ҷои дуюм – 20 ҳазор ва дастаи ҷои сеюм соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мегарданд.

Мусобиқаи вазнбардорӣ ва ҷудо миёни маъюбон

3

Оғози марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

Бо бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” 6 август марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд. Вохурӣ бо ғалабаи дастаи мизбон анҷом ёфт – 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 75 Дилшод Бозоров зад.

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Дар бозии марказии даври даҳум дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ. 10-УМ ДАВР «Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 5:1 Голҳо: Бахтиёр Чориев, 4 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 24 (2:0). Нумонҷон Ҳакимов, 37 – аз пеналтӣ (2:1). Ромиш Ҷалилов, 61 (3:1). Комрон Турсунов, 62 (4:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 73 (5:1).

(0:1). Фирдавс Чақалов, 78 (0:2). «Истиқлол» – «Ҳосилот» – 2:1 Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 8 (1:0). Хайрулло Азизов, 31 (1:1). Амирбек Ҷурабоев, 44 (2:1). «Хуҷанд» – «Равшан» – 1:0 Гол: Дилшод Бозоров, 75.

«Парвоз» – КМВА «Помир» – 0:2 Голҳо: Шамсиддин Қосимов, 31

5 – 7 август дар Осоишгоҳи «Қаратоғ» -и ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ ва гуштии ҷудо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 80 нафар маъюб дар ҳайати дастаҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони тими ШНТҶ ҷой аввал, дастаи Душанбе-2 ҷойи дуюм ва дастаи Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон медал ва ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд.

Ҷоми Президенти Қазоқистон: Ғалаба ва мусовии ҷавонони Тоҷикистон Тими мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон дар бозии аввалаш ғалаба ба даст оварда, бозии дуюмашро мусовӣ анҷом дод. Тими ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал бар дастаи ҷавонони Руссия бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард. Дар бозиҳои дигари рӯзи аввал ҷавонони Қазоқистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 2:1, Эрон бар Озарбойҷон бо ҳисоби 3:0 дастболо гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Крузейро-Қазоқистон” ва Албания мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳ тими ҷавонони кишвар бо дастаи ҷавонони Озарбойҷон мусовӣ – 2:2 бозӣ кард. Ҳисобро дар дақиқаи 14 Камран Гулиеви озарӣ кушод. Дар дақиқаи 35 Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими “Помир”-и Душанбе ҳисобро баробар кард. Дар

дақиқаи 45 озариҳо пеш гузаштанд. Голи ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 60 аз пеналтӣ зад – 2:2. Дар даври ниҳоӣ футболбозони ҷавони кишвар бо Эрон вомехуранд. Ин дидор 11 август, соати 9:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад. Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо барои ҷом ва дастаҳое, ки ҷои дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм талош мекунанд. Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларо ташкил медиҳад. Ғолиб соҳиби 7 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра соҳиби 5 ҳазор ва дастаи ҷои сеюм соҳиби 3 ҳазор доллар мегарданд.

  1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

 Дастаҳо “Истиқлол” (Душанбе) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Ҳосилот” (Фархор) “Барқчӣ” (Душанбе) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Хайр” (Ваҳдат) “Парвоз” (Б. Ғафуров) “Равшан” (Кӯлоб)

Дар даври 11-ум вомехуранд: 13 август (шанбе) КМВА «Помир» – «Истиқлол» «Вахш» – «Парвоз»

Б 10

Ғ 8

М 2

Б 0

Т-Т 31-11

Х 26

10

5

1

4

22-13

16

10

5

1

4

14-9

16

10 10 9 10 9 10 10

5 4 4 4 3 1 0

1 4 2 2 4 2 1

4 2 3 4 2 7 9

10-15 14-11 13-13 16-20 14-7 7-19 8-32

16 16 14 14 13 5 1

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» 14 август (якшанбе) «Барқчӣ» – «Хуҷанд» «Ҳосилот» – «Хайр»

Иштироки 20014 нафар дар «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» 6 август бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи мамлакат, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш дар саросари мамлакат «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» баргузор гардид. Дар он сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла наврасону ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Тибқи иттиллои Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар машқҳои пагоҳирӯзӣ 20014 нафар иштирок намуданд, ки 4341 нафарро бонувон ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки минбаъд субҳи рӯзи шанбеи ҳар ҳафта «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» дар кишвар доир меградад.


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

Шиносоии Пешвои миллат бо корҳои сохтмони НБО “Роғун”

ИНШООТИ АСР

4 август Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти иҷрои корҳои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуд. Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, нахуст Сарвари давлат дар майдончаи назоратии рақами як рафти корҳои барқарорсозиро мушоҳида кард. Тавре аён гардид, корҳо дар ҳама қитъаҳои ин мавзеъ бомаром ва низоми хуб ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии нерӯгоҳ 2077 мошину механизм истифода мешаванд. Сарвари давлат, ҳамзамон аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд. Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ вусъат меёбад. Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии НБО “Роғун” наздики 12 ҳазор нафар шабонарӯзӣ машғули коранд. Президенти ҷумҳурӣ дар идома аз 3 толори мошинҳои неругоҳ, ки майдончаи асосии васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқро ташкил медиҳад, шинос шуд. Ба Сарвари давлат нахуст тарҳи асосии механизми кори агрегатҳо ва тавлидоти барқ, низоми минбаъдаи кори мошинҳо, хоса сохтори он бо натиҷаи охирини корҳои иҷрогардида муаррифӣ карда шуд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят кард. Тавре иттилоъ дода шуд, тамоми корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мустаҳкамкунии иншоот, бахусус инфросохтори зарурии хизматрасон барои агрегату дигар таҷҳизоти танзимкунанда дар ин қитъаи сохтмонӣ мувофиқи нақша бо сифати баланд амалӣ карда шудааст, ки ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ мутобиқ мебошанд. Сарвари давлат сипас аз толори асосии нерӯгоҳ, ки дар он агрегатҳои тавлидкунандаи барқ насб хоҳанд шуд, боздид кард. Барои ҷойгиркунии 6 агрегат, ки иқтидори комили он 3 ҳазору 600 мегават мебошад, дар ин мавзеъ корҳои омодасозӣ ва гузоштани лавозимоти зарурӣ идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои омодасозӣ, яъне ҷузъиёти давраи ҷойгиркунии нахустин агрегатҳо, ки дар асоси нақшаи аввали фаъолияти нерӯгоҳи “Роғун” амалӣ мешавад, дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ҳамзамон аз Сехи васлкунии трансформаторҳо, ки дар заминаи пойгоҳи фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” бунёд шудааст, дидан кард. Тавре аён шуд, дар ин нуқтаи муҳими васлгарӣ аллакай 2 трансформатори қувватнок бо тавоноии пурраи 700 ҳазор киловолт-ампер омода шудааст. Тибқи нақша дар сехи васлгарӣ дар як моҳ 1 трансформатори пурқудрат омода карда мешавад. Дар асоси дурнамои фаъолият дар баробари васлу насби трансформаторҳои нерӯгоҳ ин коргоҳ оянда барои ҷамъоварӣ ва омодасозии трансформаторҳои дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург низ хизмат хоҳад расонд. Ҳамзамон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм боздид намуд. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори нерӯгоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад. Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ конструктивӣ ба итмом расидааст. Дар идома Сарвари давлат аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, ҳолатҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад. Аснои боздиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарият сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳад.


5

Аз ибтидои асри бистум, ки низоми давлатдорӣ дар ҷаҳон ба ду ҷабҳа - капиталистӣ ва сотсиалистӣ майл кард, миёни ҷомеаи мутамаддин як андоза сардӣ ба вуҷуд омада буд. Масалан, як нафар аз аҳли ҷамъияти капиталистӣ дар он замон ба як нафар аз ҷомеаи сотсиалистӣ чандон хушбин набуд... Вале дастовардҳои соҳаи технология ва фаъолияти шабакаи интернет дар солҳои баъдӣ таассуби идеологиро аз байн бурда, омезиши фарҳангӣ ва иҷтимоиро қулай гардонид.

НИГОҲИ ДИГАР

Зеро давомнокиву устувории ҳаёт ва фаъолияти башарият ҳам тавассути додугирифт таъмин мегардад. Вале фарҳанги ин ё он миллатро наметавон ҳамчун либосе аз тани яке бадар карду ба тани миллати дигар пӯшонид. Зеро он “либос” хоси қавмест, ки бинобар муҳит, фитрат, унсурҳои замон ва макон дар тӯли таърих инкишоф ёфта, дар натиҷа як бутунеро ташкил додаанд. Дар раванди омезишҳои фарҳангӣ қавму миллатҳо нақшу расми мақбул ва писандомадаи миллати дигарро ба либоси хеш илова мекунанд, ки чунин синтези фарҳангӣ тамаддуни ҳар миллатро боз ҳам рангинтару ғанитар мегардонад. Ҳамин тавр, муҳтавои он нақшу синтезҳоро дар як миллат таҷрибаҳои иқтисодӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Зимнан ҳар миллате, ки рӯи ин таҷриба заминагузорӣ мешавад, ҳеҷ гоҳ аз омезишу доду гирифти фарҳангӣ, навовариҳову аз даст додани арзишҳои маънавии суннатӣ намеҳаросад. Дар тӯли таърихи сад соли охири дунё чунин додугирифт бештар дар самти илм ва дастовардҳои технологӣ сурат гирифтааст, ки ҷомеа ва давлатҳои мутамаддин аз ин марҳила гузашта, ҳоло ҳамчун абарқудратон дар сатҳи ҷаҳонӣ баромад мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҷомеаи мо азбаски давраи шӯравиро аз сар гузаронидааст ва идеологияи коммунистӣ-сотсилаистӣ то ҳол дар шуури ҷомеа амиқ ҷой дорад, ба ҳар навоварӣ дар ин ё он соҳа бо шубҳа назар мекунад. Хусусан, агар он навоварӣ марбут ба тарбияи ҷавонон ва соҳаи ҷомеашиносиву диншиносӣ бошад. Зеро таълимоти коммунистӣ башариятро ба қутбҳо ҷудо карда, барои зери контрол нигоҳ доштани шаҳрвандон доим як душмани берунаро «ихтироъ» мекард. Тӯли бисту панҷ соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаҳои зиёди мушкилот оқилона ва дурбинона баромада тавонист. Бо якдилии шаҳрвандон ва матонату фаросати Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист ҷанги ба-

родаркушро қатъ карда, сулҳу суботро барпо намояд. Сармоя ва нерӯи асосии ҳар давлат шаҳрвандони соҳибилму маърифатнок аст. Аз ин ҷост, ки ҳар ҳукумати ояндасоз сармоягузории асосиро дар ин ҷода ба роҳ мемонад ва ҷомеае, ки дар он як навъ симбиози фарҳангҳои гуногун (яъне дар мутобиқату ҳамоҳангӣ вуҷуд доштани фарҳангҳо) ва таҷрибаҳои гуногуни миллӣ мавҷуданд, суботи онро низоъҳои байниқавмиву байнимазҳабӣ камтар халалдор мекунанд. Шикаст нахурдан дар баробари фарҳангу арзишҳои ғайр танҳо бо он имкон дорад, ки ҷомеа ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ содиқ бошад, асолат ва ҳувияти хешро ҳифз кунад. Вале дар баробари ин аз таҷрибаву дастовардҳои илму дониши дигарон самаранок истифода бурда, шуури созандаи иҷтимоии хешро ташаккул диҳад. Бахусус дар соҳаи маориф чунин навовариҳо набояд дар сатҳи назорати формаи мактабиву пойафзоли толибилмон маҳдуд монад, балки метод ва усулҳои муассиру замонавии таълиму тарбия бояд омӯхта шаванд. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки баъд аз пош хӯрдани низоми шӯравӣ, талаботи ҷомеаи тоҷикистонӣ ба ғизои маънавӣ, ҳамчун шинохти дини мубини ислом авҷ гирифт. Азбаски тӯли ҳафтод сол институти иҷтимоии дин пассив буд ва бештар атеизми материалистӣ талқин карда мешуд, ҷомеа яку якбора дар вакууми маънавӣ қарор гирифт. Чунин ҳолат барои ҳаракатҳои иртиҷоӣифротии ба ном исломӣ заминаи муносибро муҳайё сохт. Таъсирҳои манфии ба шуури иҷтимоӣ боршуда то ҳол миёни ҷомеа эҳсос мешавад ва гуфтан мумкин аст, ки заминаи ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиро ба миён овардааст. Бо таассуфи бештар қайд мекунем, ки сатҳи ғайриқаноатбахши дониши воизу домуллоҳои масҷидҳои ҷомеи мо ба он оварда расондааст, ки мардум аз мусулмонӣ танҳо шаклу зоҳирро аҳамият медиҳанд.

Ба ибораи дигар, дониши кунду қолабии воизон мардумро шаклан мусулмон сохта, онҳоро аз расидан ба авҷи камолоти инсонӣ мисле ки водоштааст. Аз он ки беш аз 90 фисади аҳолии ҷумҳурӣ мусулмон аст, ба онҳое, ки пайваста ба масоҷиду марказҳои динӣ мераванд, танҳо ҳаяҷони эътиқодӣ ва динӣ бахшидани рӯҳониён кофӣ нест. Яъне ҷомеаи мусулумонии Тоҷикистон ҳоло ҳам дар вакууми маънавӣ қарор дорад. Ҷомеае, ки аз фитнаву ангезаҳои беруна метавонад худро ҳимоя кунад, бояд соҳиби маърифати амиқи илоҳӣ, институтҳои қавии иҷтимоӣ, огоҳ аз гузашта ва бунёдгузори истиқболи пурсамари миллати хеш бошад. Вагарна ҷомеа бо сарварии рӯҳониён, зиёиён ва роҳбароне, ки ақлан ва ҷисман побанди роҳату фароғат ва одатҳои фолклории беасосанд, ки ба дараҷаи табу бароварда шудаанду пайравӣ карда мешаванд, дар саҳнаи таърих дер намеистад. Дуруст аст, ки ҳоло башарият дар як замони пур аз мушкилоту фитна қарор дорад ва ҷомеаи тоҷикистонӣ низ набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳад. Бешубҳа, ба роҳ мондани сиёсати созандаи давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, қавигардонии инфрасохтори саноату кишоварзӣ ҷанбаҳои муҳими кишвари ҳуқуқбунёд ва мустақилро ташкил медиҳанд. Вале дар баробари сабабҳои дар боло зикршуда, ки вуҷуди бардавоми як миллату давлатро таъмин карда метавонанд, ба эҳтиёҷоти умумии иҷтимоӣ ҳамчун адолат, озодӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, эътимод, ҳимоя, эътибор, ҳифзи саломатӣ, маърифатнокӣ, таълиму тарбия низ бояд аҳамияти хоса дода шавад. Ҷомеаи мо набояд аз дигаргуниҳо ва навовариҳои созанда ҳарос дошта бошад. Агар иззат ва ҳурмати оламиёнро бихоҳем, пас сифат ва кайфияти фарди ҷомеаи худро бояд баланд бардорем. Зеро фарҳанги тоҷикона ҷузъи дунёи хурдакак нест, он сазовори ҷаҳони бузургтарест! Башир УСМОН, «ҶТ»

Аз навгонӣ наҳаросем

Ҳарчанд баъд аз солҳои 80ум тавтиа атрофи назарияи “бархӯрди тамаддунҳо” авҷ гирифта, сиёсати баъдии абарқудратон дар асоси адоват ба идеология ва арзишҳои маънавии “ғайр” шакл меёфт, вале раванди масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дипломатияи байналмилалии муосир худ гувоҳи он аст, ки дар заминаи хусумат ҳеҷ як миллату фарҳанг дар танҳоӣ вуҷуд дошта наметавонад. Пас ҷомеаи башариро на бархӯрду муқовимат, балки ҳамоҳангиву мутобиқат метавонад ҳамчун организми зинда нигоҳ дошта, ба дараҷаҳои баъдии маданияти солим бирасонад. Ин падидаро коршиносон “гуфтугӯи тамаддунҳо” ё “иттифоқи тамаддунҳо” номидаанд, ки ба боварии онҳо минбаъд асоси робитаҳои дипломатӣ ва баҳамоии башариятро шакл медиҳад. Мардуми Шарқ ҳарчанд бо таъсири ангезаҳои ҷуғрофӣ-этникии минтақа асрҳо боз зери ливои чунин “гуфтугӯ” зиндагӣ мекарданд, вале сокинони муосири он ҳоло аз навовариҳо ва аз даст додани фарҳанги суннатӣ бим доранд. Яъне, шарқиён, хусусан мардуми Осиё бо ваҳми “мабодо фарҳанг ва ё идеологияи қавму миллати бегона моро ба пуррагӣ ба коми худ кашад” умр ба сар мебаранд. Ин ваҳму ҳарос дар ҳолест, ки ҷавонон ба расму одатҳои ғарбиву арабӣ торафт майли бештар пайдо мекунанд. Муҳаққиқон сабаби чунин парадокси фарҳангии мардуми минтақаро ба заъф доштани онҳо ҷиҳати маърифати таърихӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии суннатӣ вобаста медонанд. Вале як идда аз зиёиён сабаби ин тарсу воҳимаро дар побанд будани ҷомеа ба арзишҳои маънавӣ, ба қавле хурофот алоқаманд мекунанд. Яке то ҷое гирифтори ақибмондагӣ асту дигаре побанди зиёдаравӣ ва ҷомеаи мо ҳам дар ҳамин гирудор ба самте равон аст. Дар таърихи инсоният фарҳанг ва тамаддунҳои гуногун доим ба ҳам таъсиргузор будаанд. Онҳо бо василаҳои гуногун миёни ҳам доду гирифти тамаддунӣ доштанд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Шири модар – кафолати солимии кӯдак

ШАҲЛО ЭШОНОВА

 1-10 АВГУСТ – ДАҲАИ СИНАМАКОНӢ

Норасоии ғизо, аз ҷумла синамаконии номуносиб, ҳар сол сабаби 45% ҳолатҳои марги кӯдакони то 5-сола мешавад Ҳар сол даҳаи якуми моҳи август бо мақсади беҳтар намудани сиҳатии кӯдакон дар саросари ҷаҳон даҳаи дастгирии синамакконӣ баргузор мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чорабинӣ аз соли 2001 роҳандозӣ гардидааст. Имсол он дар доираи ҷашни Эъломияи Инночентии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ зери унвони “Синамаконӣ – калиди рушди устувор” доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бахшида ба ҷараёни ин чорабинӣ рӯзи 8 август дар Маркази махзани маълумотии СММ дар Тоҷикистон доир гардид, мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдаконаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳангоми суҳбат атрофи масъалаҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва тарбияи кӯдак андешаҳои мухталиф баён гардид. Таъкид шуд, ки саломатии кӯдак қабл аз ҳама ба ғизои дурусти ӯ вобастагии зиёд дорад. Унсурҳои ғизои солим бошад, танҳо дар таркиби шири модар вуҷуд доранд. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо, бахусус бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба яке аз масоили ҳалталаби соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона, баъзе модарони мо

бо баҳонаҳои гуногун аз синамаконии кӯдаконашон худдорӣ намуда, онҳоро бо шири сунъӣ калон мекунанд. Таҳлилҳои мутахассисон нишон додаанд, ки барои таъмини кӯдак то 6-моҳагӣ бо маводҳои омехтаи ғизоӣ, барои дастрас намудани ғизоҳои сунъӣ маблағҳои калон лозим аст. Барои як кӯдак аз таваллуд то синни 6-моҳагӣ 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст. Агар ҳар қуттӣ 70 сомониро ташкил диҳад, пас дар шаш моҳ 4000 сомонӣ лозим мешавад. Ҳамчунин, кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда нисбатан осебпазиранд ва то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Хатари гирифтории бемории сироятӣ дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба кӯдаконе, ки аз шири модар ғизо мегиранд, 15 маротиба зиёдтар аст. Хоса, агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшавӣ

зиёд мешавад. Чунин кӯдакон аксаран мубталои камхунӣ низ мегарданд. Мутахассисон собит сохтаанд, ки ғизоҳои сунъӣ маводи зиддисироятӣ надоранд ва дар таркиби онҳо витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳое, ки барои инкишофи мағзи сари кӯдак лозиманд вуҷуд надоранд. Ин аст, ки мутахассисон бо шири сина ғизо додани кӯдаконро муҳим шуморида, аз ҳама лиҳоз бартарият доштани шири модарро бо мисолҳои возеҳ собит месозанд. Онҳо ғизои иловагиро барои кӯдакон танҳо баъди 6-моҳагӣ тавсия дода, таъкид менамоянд, ки модар дар давоми 30 дақиқаи баъди таваллуд бояд ба кӯдаки худ сина маконад. Ба тифл аз рӯи талаботаш дар давоми як шабонарӯз аз 8 то 12 маротиба сина макондан лозим. Баъдан бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад ва кӯдаки ширмак пайваста онро истеъмол намояд. Мутахассисон ҳатто ба модароне, ки худ бемор ҳастанд, қатъ кардани синамакониро тавсия намедиҳанд. - Ҳар як инсон дар тули ҳаёти худ танҳо як маротиба имкон дорад, ки шири модарро истеъмол намояд, ин ҳам бошад, дар давраи то 2-солагӣ, - гуфт Наврӯз Зафаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. - Бартарияти шири модар дар он зоҳир мегардад, ки он барои истеъмол ҳамеша тайёр аст, ҳаргиз вайрон ё турш намешавад, ройгон ва дастрас аст ва танҳо барои кӯдак пешбинӣ шудааст. Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Игор Поканевич мегӯяд, дар радифи рушди технологияи муосир истеҳсол, истеъмол ва тарғибу ташвиқи ҳар гуна маҳсулоти ширӣ ва ғизоҳои сунъӣ барои кӯдакон тавассути ВАО босуръат идома меёбад. Аммо бехатарӣ ва фоиданокии шири модар ва беқиёс будани онро ҳам илм исбот намудаасту ҳам таҷриба. Номбурда нақши падаронро дар ғизодиҳии дурусти навзодҳо муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки солимии кӯдак ва риояи ғизодиҳии дурусти ӯ уҳдадории танҳо модар нест, балки дастгирии ҳамаҷонибаи падарон низ хеле зарур аст. “Вақте модар дастгириву пуштибонии мардро ҳамаҷониба эҳсос ме-

намояд, ӯ моҳияти ғизои солими навзодро бештар дарк мекунад, - гуфт номбурда. – Аз ин рӯ, мардҳо набояд дар ин масъалаи муҳим худро канор бигиранд, чунки барои солимии наслҳои оянда маҳз онҳо манфиатдоранд. - Ғизои асосии кӯдаки навзод ин шири модар аст ва кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим неру мегирад, ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсият ба камол мерасад, гуфт Марҷон Мунтазамӣ, муовини намояндагии Хазинаи кӯдаконаи СММ дар ҷумҳурӣ. – Синамаконӣ барои солимии модарон низ муфид аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки синамаконӣ модаронро аз хавфи гирифторшавӣ ба саратони сина муҳофизат менамояд. Исбот шудааст, ки агар модарон ба таври зарурӣ ба кӯдакон шири сина бидиҳанд, 20 ҳазор марги бо сабаби бемории саратони сина пешгирӣ карда мешавад. Ҳамчунин, он сатҳи камбизоатиро коҳиш медиҳад. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сатҳи пасти огоҳии мардум доир ба моҳияти синамаконӣ ва ғизои солим изҳори нигаронӣ намуда, нақши намояндагони ВАО-ро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ кард. “Дар 1 сол барои харидории шири сунъӣ дар дунё 54 миллиард доллари ИМА (дар Тоҷикистон - 41 миллион доллар) масраф мешавад. Дар ҷаҳон ҳар сол 823 ҳазор нафар кӯдак бо сабабҳои ғизодиҳии номуносиб мемиранд. Боиси таассуф аст, ки тули ду даҳсолаи охир танҳо 34 фоизи модарони тоҷик кӯдакони навзоди худро то шашмоҳагӣ бо шири холис таъмин мекунанду халос. Ягон навъи маҳсулоти хӯрока ва ягон дорую дармон низ дар дунё шири модарро иваз карда наметавонад, чунки ҳуҷайраҳои таркиби шири модар зиндаанд ва беҳуда нест, ки шири модарро “хуни сафед” меноманд. Далелҳое низ мавҷуданд, ки баъзе бемориҳоро танҳо бо шири модар табобат кардан имкон дорад”. - Модарони азиз, ба кӯдакон ҳарчи бештар сина маконед, то солимии ҷомеаро таъмин кунед! Зеро синамакконӣ барои саломатӣ ва некӯаҳволии якумрӣ замина фароҳам меорад, - ин буд муроҷиати иштирокчиёни вохӯрӣ.


Истиқлолият – тарбиятгари андеша

Мавҷуда Табарова, муовини раиси ноҳия, қайд кард, ки бисту панҷ сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд. Дар таърихи давлатдории халқамон воқеаи беназире рух дод, ки аҳамият ва арзиши он бо гузашти солҳо равшантару пурҷило ба назар мерасад. Истиқлолияти давлатӣ чун тарбиятгари рӯҳия ва андеша таърихи миллатро мазмуну муҳтавои тоза ва созанда бахшид, мақоми онро дар арсаи тамаддун ба шоистагӣ муайян сохт. Таърихи расидани халқи азизи мо ба истиқлолият сабақи беназири зиндагӣ, худшиносӣ, ватандорӣ, ваҳдату созандагӣ, ҷоннисориву қаҳрамонӣ, одамияту башардӯстӣ мебошад. Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти таърихии ин падида таъкид месозанд: «Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад, чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд». Дар идома гуфта шуд, ки дар давраи Истиқлолият дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти амиқ ба амал омад. Пеш аз ҳама, ваҳдат ва фарҳанги сулҳ ба маънии зиндагии мардум табдил ёфт. Тоҷикон ҳамчун халқи фарҳангӣ ва маънависиришт ба мардуми ҷаҳон сабақи ҳамзистӣ ва сулҳу дӯстӣ омӯхтанд. Дар муддати хеле кӯтоҳ таърихномаи бузурги миллат эҳё гардид ва ҳофизаи таърихии мардумро ангеза дод. Гузаштаи пуршарафи ниёгон насли муосирро дарси ватандориву хештаншиносӣ омӯхт. - Шумо - наврасону ҷавонони азиз, бояд ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расед, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намоед ва онҳоро пос доред, - афзуд М. Табарова. Сипас, Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И. Сомонӣ, вобаста ба ифротгароии ҷавонон сухан карда, иброз дошт, ки зуҳуроти номатлуб ва ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи торикиву зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, бо ҳар роҳу восита шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошад, ки мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Маҳз, амали онҳост, ки имрӯз ҷавонони роҳгумзада дар майдонҳои набард дар Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон иштирок намуда, ҷонашонро дар хатар мондаанд. - Сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонон таваҷҷуҳи бештар додан зарур аст. Мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳм гузорем, - зикр кард С. Шаҳобов.

Ҳ. ТАЛАБШОҲ, “ҶТ”

Вақте ба аёдати бобои Ибодуллоҳ - ба хонаи пиронсолон рафтам дидам, ки андешаманду хаёлӣ назди тиреза рост истода ба берун менигарад. Шояд роҳи касеро интизор буд... Ниҳоят, вақте ки чашм аз тиреза бардошт - шояд дигар хотираш ҷамъ шуд, ки касе намеояд – пирамард омада ба курсие нишаст. Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста, пойи суҳбаташ нишастам. Бобои Ибодуллоҳ 80 сол дорад. Се сол мешавад, ки сокини Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбест. Ҳамеша бо чашминтизорӣ роҳ мепояд, ки писаронаш оянду аққалан боре аз аҳволаш хабар гиранд. Ӯ бо таассуфи зиёд изҳор дошт, ки шояд натавонистам ба фарзандонам падари хубу намунавӣ бошам. Мӯйсафед оилаи хушбахт дошт, бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагии хубу шоистае мегузаронд. Бо гузашти солҳо чор фарзандаш барои таъмини рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Ҳамсараш барвақт дунёи фониро тарк кардааст. Мегӯяд, бачаҳо рӯзгорашонро ба зӯр пеш мебаранд... Маълум, ки бо ин ҳол ӯ нахостааст ба фарзандонаш бор шавад. Ҳарчанд ҷомеаи мо мисли кишварҳои дигар ба он дараҷа нарасидааст, ки аз волидон рӯ гардонанд ё ин ҳолат хеле зиёд бошад, вале аҳён-аҳён фарзандоне пайдо мешаванд, ки наметавонанд дар дами пирӣ падар ё модари пирашонро парасторӣ кунанд. Сабаби инро аз равоншинос Ёрмаҳмад Алиаҳмад пурсон шудем. Номбурда гуфт: - Яке аз сабабҳои ин масъ-

ала тарбияи нодуруст, муносибати нодурусти волидон ба фарзанд мебошад. Ин ҳолат ба он бурда мерасонад, ки онҳо дар давоми ҳаёт, хусусан дар пирӣ падару модарро хор мекунанд. Дигар ин ки бархе ҷавонон ҳамин ки оиладор шуданд, пурра ё қисман ба оила ё ҳамсарашон вобаста мешаванд. Дар ин ҳолат падару модар дуюмдараҷа мемонанд, парастории онҳо аз назар дур мемонад. Азоб мекашанд ва оқибат ё мефавтанд ё маҷбур мешаванд ба хонаи пиронсолон гузаранд. Ба ин омили дуюм як чизи дигарро ҳам мешавад афзуд: вақте ки одам пир шуд, дар вай аз ҷиҳати психологӣ косташавиҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Худро идора кардан баъзан мушкил мешавад. Дилмондагӣ, хастагӣ ва танҳоӣ барин ҳиссиёт онҳоро фаро мегирад, ки ба муносибату рафтори онҳо таъсир мегузорад. Ин ҳолати онҳоро бошад баъзе келинҳо бардошта наметавонанд ва ба шавҳар “маслиҳат” медиҳанд, ки падараш ё модарашро ба хонаи пиронсолон бубарад. Яъне таҳаммул карда натаво-

натавонистан, ғамхории кам нисбат ба фарзанд ва амсоли инҳо метавонад дар рафтори минбаъдаи фарзанд таъсир гузорад ва ӯ ба ҳамаи ин дар оянда ҷавоб гардонад. Чаро ки фарзанд хуб ё бад тавлид намешавад, балки ӯро оила ва муҳити иҷтимоӣ хуб ё бад шакл медиҳад”. Тибқи иттилои Маркзази хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дар марказ ҳамагӣ 100 нафар истиқомат мекунанд, ки қисми зиёдашон занонанд. 75 нафар аз сокинони марказ, ки аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе мебошанд, хизмати иҷтимоӣ мегиранд. Ба боқимонда муваққатан, аз 3 то 6 моҳ хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад. Инҳо яккаву танҳоянд ва овора зиндагӣ мекунанд. Ин 25 нафар маъюбанд, ҳуҷҷатҳои онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод шуда, пас аз гузаштани муҳлати муайян ва тибқи роҳхати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ онҳоро ба хона-интернатҳои маъюбон мефиристанд, ки он ҷо метавонанд то охири умрашон зиндагӣ кунанд.

нистани одами пир, ки худашро идора карданаш мушкил шудааст, аз ҷониби келин ё фарзандон омили дигари ин амали нангин аст”. Шояд то ҷое масали “Ҳарчи кошти ҳамон медаравӣ” дуруст бошад. Аммо ҳеҷ мумкин нест ва ба шаъну шарафи фарзанди мусулмон намезебад, ки аз падару модари хеш рӯ гардонад. Баъзеҳо дар он андешаанд, ки бекорӣ қисми зиёди фарзандонро маҷбур кардааст, ки аз нигоҳубини падару модарашон даст кашанд Аммо рӯ наовардан ва аз аҳволи онҳо хабар нагирифтан бераҳмист. Умеда Ахмедова, ҷомеашинос сабабҳои ба хонаи пиронсолон бурдан ва ё аз нигоҳубини волидайн даст кашидани фарзандонро оқибати тарбияи нодуруст маънидод кард. - Шояд падару модар низ дар ин хусус гунаҳгоранд. Чун дар хурдӣ он меҳру муҳаббати зарурие, ки ба онҳо чун ғизои маънавӣ лозим буд, дода натавонистаанд. Инчунин дағалона сухан рондан, ҳамеша нисбат ба он мушкилоте, ки фарзанд ба онҳо ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешуд, бепарво будан, муҳити солими равонӣ муҳайё карда

- Дар ҷомеаи кунунӣ баъзан сабабгори асосии парасторӣ накардани падару модар ё ба хонаи пиронсолон бурда мондани онҳоро ба нохалафии фарзандон иртибот медиҳанд. Гӯё фарзандон то ҳадде худхоҳ мешаванд, ки намехоҳанд ба падар ё модари худ муносибати хуб дошта бошанд. Дар охир аз падару модар талаби халос шудан мекунанд, ки бештари маврид ба мурод мерасанд, - мегӯяд роҳбари Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе Муҳаббат Зарифова. ...Баъд аз хайрухуш аз хонаи пиронсолон берун шудан мехоҳам. Рӯз ҳам аллакай бегоҳ шуда истодааст. Мебинам, ки бобои Ибодуллоҳ оҳиста аз ҷояш мехезаду бо ҳамон асояш оҳиста-оҳиста қадам монда, сӯи тиреза меравад. Ӯ бо диққат ба берун дида медӯзад. Ба офтоби ғурубкардаистода. Кӣ медонад, ки ин лаҳзаҳо аз дилаш чӣ мегузарад? Маълумот барои андеша: ...Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. (Моддаи 34 Конститутсияи ҷумҳурӣ)

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

МАВЗӮИ ДОИМӢ

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Ӯ ба ғуруби офтоб менигарад...

Бо ташабуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз корҳои ношоям ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мулоқоти намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Прокуратураи ноҳия, ВКД, олимону адибон бо сокинон, алалхусус наврасону ҷавонони маҳаллаи Шафтолузори ноҳия баргузор гардид.

Ӯ ҳеҷ тасаввур намекард, ки пир мешавад, аз гӯшаи хаёлаш ҳам намегузашт, ки дар зиндагӣ бекасу танҳо мемонад. Пайвандонаш, ҷигаргӯшаҳояш мӯйсафеди умраш ба ҳаштод расидаро ба ҳоли худаш мегузоранду ҳар яке аз пайи кору бори худ мераванд. Пирамарди асо ба дасти хамидақомат ин ҳамаро дар дами пириаш чашмдор набуд, вале тақдир инро дар насиби ӯ навишта буд. Кай гумон мекард, ки ба хонаи пиронсолон меафтаду аз пайвандонаш, хонаву дараш ҷудо мемонад?


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”

Одами босавод ватандӯст мешавад

ҲАСАН АЗИЗОВ

Тарбияи як насли босавод ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист Ховари Миёна чун минтақаи доғ бо даргириҳои шадид рӯ ба рӯст. Амалиёти зиддитеррористиву экстремистӣ дар сарзамини Ироқу Сурия идома дорад, вале бисёриҳо барои аз байн бурдани террористон шак пайдо карда истодаанд. Вобаста ба ин имрӯз тамоми ҷаҳон алайҳи ин вабои аср бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд, ки яке аз онҳо тарғиби бештари арзишҳои таърихӣ, тамаддун, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат ва амсоли инҳо мебошад. Инчунин зиёд таъкид мегардад, ки агар ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа алалхусус ҷавонон боло равад, терроризму таассуб худ аз худ шикаст мехурад. Дар ҳамин ҳол назари коршиносонро пурсон шудем, то дақиқ шавад, ки воқеан ҳам метавонад тарғиби ватандӯстӣ пеши терроризмро бигирад. Чаро ки имрӯз сар карда аз телевизиону мтбуот ва ҳама шохаҳои таблиғотӣ тарғиби ватандӯстӣ мекунанд, вале терроризм ҳанӯз ҷомеаҳоро зери хатар қарор додааст.

Сайфулло Сафаров, муовини якуми раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар мегӯяд, бо фарқ аз бисёр мафҳумҳо ватандӯстӣ ягон ҷиҳати манфӣ надорад. Вале қувваҳои бадкору истилогар ё душманони истиқлолияти милливу давлатӣ метавонанд ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоҳу масхара намоянд ва қувваи муттаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро нодида бигиранд. “Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеи вайронкорӣ, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷои Ватан аст. Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Касе, ки дар Тоҷикистон ватандӯст буд, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекард. Касе ватандӯст нест, ҳоло ҳам, ки тамоми шароит барои зиндагии шоиста муҳайё гаштааст, аз худ ва Ватан норозӣ буда, туъмаи осони террористону тундгароён аст. Ӯ калаванда ва бемавқеъ буда, дар ҳар лаҳза метавонад ватанро ба пул ё имтиёзи ночизе фурӯшад. Лекин касе, ки Ватани худро дӯст медорад, ҳатто берун аз Ватан бо ёди Ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад”, - афзуд С. Сафаров. Номбурда изҳор дошт, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таъриху фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро пеши эҳсоси бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли илм ва маърифат гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил доданамон зарур аст, то аз терроризм ҷилавгирӣ намоем. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба масъалаи ватандӯстӣ ва гирифтани пеши роҳи терроризм ва ифротгароӣ чунин таъкид дошт: “Ба хотири он ки мо як давлати милливу дунявиро дар фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оянда комёб намоем, пеш аз ҳама, дар тамоми

қишрҳои ҷомеа бештари вақт дар бораи арзишҳои миллӣ ва зиндагисолори кишварамон бояд ҳарф занем. Ҳамзамон, ба қадри файзу баракати ваҳдату истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлатдорӣ, миллию диниро дарк намудан, симои миллии худро доштан, талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносию ҳувияти миллӣ, озодию ободии Ватани аҷдодӣ, ки мафҳумҳои тозаи сиёсию маънавианд, ҳам масъулияту шараф ва ҳам қарзи виҷдонию имонӣ ва фарзандии ҳамватанони азизи мо”. Аммо журналист Раҷаби Мирзо андешаи дигар дорад. Ӯ мегӯяд: “Борҳо таъкид кардаам, ки дар дунё терроризм вуҷуд надорад, балки хадамоти махсусе ҳаст. Ин ба он маънист, ки терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аслиҳаи бисёр ҳадафноки абарқудратҳост, ки ба василаи он мақсадҳои геополитикиву геостратегии худро роҳандозӣ мекунанд. Дар ин амал барои онҳо насли бесаводу бефаросат бозичаи хубест. Бубинед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаашро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, ӯ мисли “зомбӣ” аст, ки имкони фикр кардан надорад. Танҳо бефаросатона дастур иҷро мекунад. Агар дастур аст, пас фармоишгар дорад, агар фармоиш ҳаст, пас ҳадафнок сурат мегирад... Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ҳам ҳаст ва на танҳо арзишҳои миллии худро эҳтиром мекунад, балки

ба фарҳанги дигарон ҳам арҷ мегузорад. Хулоса, тарбияи як насли босавод, ки ватандӯст ҳам ҳаст, ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист”. Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд ва боиси ҳалокати ваҳшиёнаи ҳазорҳо кӯдакони бегуноҳ, пирони барҷомондаву занону духтарони ҷавон мегарданд, талаб мекунад, ки дар ҳар кишвар ҷомеаҳо бояд барои саводнок кардани шаҳрвандонашон сахт талош варзанд. Зеро то ҷамъият аз вартаи ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ бесамар аст. “Меҳри Ватан аз шадидтарин алоқаҳо ва хурӯши эҳсосоти инсонӣ аст, ки дар қалби огаҳон ҷой гӯзидааст. Аз ин ҷост, ки бо дарди Ватан ватангаро бояд буд. Таърихи асолату ҳувияти миллати муборизи тоҷик ва ниёкони он ва заҳру дарду ғаму марг чашиданҳо ба хотири дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ, забону фарҳанг ва диёнаташон. Таърих собит намуда, ки аз ин пас ҳеҷ душмане қодир ба нобуд сохтани тоҷикон нест, агар мо дар ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии миллат талош варзем”, - иброз дошт Т. Ғозиев, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Хушдил Раҳимҷонов, ҳамсуҳбати дигарамон мегӯяд: “Ба назари ман, ғояҳои ростини ватандӯстӣ метавонанд пеши роҳи га-

равиш ба ҷараёнҳои ифротӣ ва терроризму экстремизмро бигиранд. Вақте ғояҳои ростини ватандӯстӣ мегӯем, бояд пеш аз ҳама, ба он бовар ва садоқат дошта бошем, то тавонем, ба таври мушаххас бо мисолҳои мушаххас ба наврасон фаҳмонем, то онҳо бо чунин рӯҳияи солим ба воя расанд”. Воқеан ба назар мерасад, ки наврасону ҷавонони мо бар асари таҳаввулоти азими иқтисодиву иттилоитиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, рӯҳия, менталитет, фарҳанги рӯзгор бо суръат дигар шуда истодаанд ва ин ҳангоми таҳияи барномаи нави давлатӣ оид ба ҷавонон бояд ба назар гирифта шавад. Беҳтар мебуд, ки масъулони соҳа дар мавриди беҳбуд бахшидани инфраструктураи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ татбиқи сиёсат оид ба ҷавонон ҷиддан фикр кунанд. Аксар ба назар мерасад, ки дар раванди тарбияи ҷавонон ҷойи холӣ пайдо мешавад ва ин ҷойҳо хеле зуд аз ҷониби андешаҳои ғайр ва бегона пур мегардад. Ҳоло бояд тамоми кӯшиши масъулони соҳаи ҷавонон ва мақомоти дигари давлатӣ ба ташаккули идеологияи ватанпарастӣ равона карда шавад. Вале дар назар бояд гирифт, ки ватандӯстӣ бояд дар амал сурат бигирад, вагарна бо суханбозиву суханбофӣ наметавон ба ҷое расид. Дар ин бобат беҳтарин намуна гуфтаҳо, навиштаҳо, таъкидҳо, кӯшишу талошҳои амалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд, ки ниҳодҳои масъул бояд дастури кори худ қарор диҳанд.


“Тоҷиксуғурта”: беш аз 28 млн. сомонӣ даромад, қариб 7 млн. хароҷот

Гуфта шуд, ки 1325 ариза вобаста ба зарари моддӣ (ҳангоми садамаи нақлиётӣ мошин аз кор мебарояд) ворид шудааст, ки ба ҳар як шаҳрванд ба миқдори то 2 ҳазор сомонӣ ва 66 ариза оид ба зарари ҷисмонӣ (ҳангоми садамаи нақлиёт ронанда захм мебардорад) ворид шудааст, ки ба онҳо 88 ҳазору 217 сомонӣ пардохт шудааст. Дар умум, маблағи пардохтшуда аз ҳисоби фавт 152 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби зарари моддӣ 2 миллиону 479 ҳазору 220 сомониро ташкил медиҳад. А. Абдуллоев, инчунин иброз дошт, ки дар шаш моҳи якуми соли 2016 аз рӯйи суғуртаи ихтиёрӣ низ вобаста ба садамаи нақлиётӣ 1058 ариза ворид шудааст, ки ба онҳо 691 ҳазору 472 сомонӣ дода шудааст. Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҳисоби ҳама намудҳои суғурта 28 миллиону 729 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғурта ворид гардид, ки 17 миллиону 743 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 11 миллиону 49 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, нақшаи пешбинишуда дар умум 103,3 фоиз ва аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта 127,3 фоиз иҷро гардидааст. Ҳамзамон, корхона бо 616 ҳазору 802 шахси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ бастааст. Аз маблағҳои суғуртавии ҷоридгардида ба 7 ҳазору 729 шахси воқеию ҳуқуқӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 6 миллиону 969 ҳазор сомонӣ ҷуброн шудааст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”

ЗАФАРИ ҚАЮМ

Баъд аз муборизаҳои тулонии фарзандони фарзонааш миллати тоҷик соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияти давлатӣ. Истиқлолияти миллӣ. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озодааст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ларзон ва нопойдор хоҳад буд. Тоҷикистон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ бо 51 созмони байналмилалӣ ва муассисаҳои молии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ монду бо 126 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор кард. Тоҷикистон аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад ва дар масоили ҷаҳонӣ назари хос матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин ё он масъала ба миён мегузорад. Имрӯз ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Кишвари мо бо аксар мамолики олам робитаи дӯстӣ дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити ҳамсоядорӣ ба роҳ мемонад. Бояд гуфт, ки ҷаҳониён имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мешиносанд. Тоҷикистон аз сарзамини нимавайрон, кишвари ҷангзада ва буҳрони марговари иқтисодӣ ва амниятиву сиёсии солҳои навадуми қарни бистум имрӯз бо вуҷуди буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ ба як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил шуд. Аммо ҳифзи Истиқлолият ва дастовардҳои ваҳдату ҳамдилӣ аз назари донишмандон кори анҷомшуда нест, балки ҳаррӯза бояд мавриди таваҷҷуҳ бошад. Зеро дар сурати ғафлат, таҳдидҳои зиёде дар минтақа ва ҷаҳон вуҷуд доранд, ки метавонанд дастовардҳои моро халалдор созанд. Муҳимтарини онҳо таҳдиди амниятист. Аз назари таҳлилгарон дар шароити имрӯза вазифаи олимону муҳаққиқон аз он иборат аст, ки ин хатарҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҳар яке аз онҳо ҷавобҳои мушаххас диҳанд. Вақти он расидааст ба масоили ҳассосе. ки тахдиди воқеӣ барои ояндаи сарзамин ва ҳувиятамон аст, таваҷҷуҳ кунем. Ҷашни Истиқлолият, дар ҳақиқат нигини ҳамаи ҷашнҳост. Истиқлолият ба мо имкон медиҳад, ки масири сарнавишти худро худ муайян кунем, вобастаи касе набошем ва худ тасмим бигирем, ки бо кадом кишвар чӣ гуна робитае барқарор созем. Вале, дар баробари ин, мутаассифона, маъно ва мафҳуми истиқлол ҳанӯз дар афкори баъзе ҳамватанон, бахусус ҷавонон ҷойгоҳи воқеии худро пайдо накардааст. Онҳо ҳама чизро фақат бар рӯи тарозӯи иқтисод ва моддиёт гузошта, арзиш ва аҳамияти Истиқлолро камранг ҷилва медиҳанд. Оё мумкин аст, ки чунин неъмати бузурге бо номи Истиқлолро таҳти сояи мушкилоти ҷории зиндагӣ қарор диҳем?! Чун ҷавононро ояндасози миллат ва таҳкимбахши пояҳои истиқлолият унвон кардаанд, ҷавонон низ дар навбати худ бояд ҳамчун фарзандони ҳамин сарзамин, ҳамеша Истиқлолият - ин арзшии гаронмояи халқамонро устувору ҷовидона нигоҳ доранд. Бояд коре кунем, то ҷавонони мо барои ҳифзи Истиқлолият ва дастовардҳои он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошанд. Ватан ва озодии

онро дӯст доранду фирефтаи таблиғоти бадхоҳони дохилӣ ва хориҷӣ нашаванд. Донишмандон ва коршиносон тавсия медиҳанд, ки ҷавонони мо бояд бо донишу биниши сиёсии худ роҳи дурусти тарақкиёти мамлкатро дида, санҷида, дониста пайравӣ намоянд. Дар пешрафти иқтисодӣ ва маънавии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва аз афтидан ба доми ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ эҳтиёт кунанд. Бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ дар рӯҳу равони ҳар узви ҷомеа, махсусан ҷавонон реша гирад. Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб, худро соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем. Табиист, ки ҷавони зираку огоҳ ҳамонест, ки босавод асту пайваста мутолиа мекунад ва аз равандҳои ҷаҳонӣ ақиб намонда, дар ҳар ҳолат манфиатҳои миллӣ ва давлатии худро мешиносад. Бо ҳастии худ амнияту суботи Тоҷикистони ободу озодро аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифз менамояд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки истиқлолият дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодиро ҳамроҳ дорад, ки бояд онро сипарӣ намоем ва ин хоси миллати мо набуда, ҳамаи миллатҳо аз ин пайроҳа гузаштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд. Чунин мушкилот қариб дар ҳама кишварҳои тозаистиқлол вуҷуд дорад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рӯҳи истиқлолхоҳӣ дошта, дар рӯ ба рӯи тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт. Пӯшида нест, ки даҳаи аввали истиқлолият асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз кардааст ва дар ин «сиёсати дарҳои боз» кишвар ё минтақаи мамнӯе вуҷуд надорад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа мантиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва ҳатто қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеи худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатия дар ҳалли масоили минтақаӣ ва ҷаҳон ҳам фаъолона иштирок намояд, ки хоси кишварҳои дар ҳоли рушд ва тақозои насли даврони истиқлол аст. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз дармеёбем, ки дар ҳақиқат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии кишвар гузошта шудааст. Дар ин 25 сол тарҳҳои бузурге ба марҳилаи иҷро расидаанд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯи коғаз мехобиданд. Пас, хуб мешуд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамон барои ободии бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлолдӯстиро дар афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон тақвият диҳем. Воқеан ҳам Истиқлолият беназиртарин дастоварди миллати тоҷик аст. Ҳифзи ин дастоварди миллӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Ҳифзи Истиқлолият кори анҷомшуда нест

Абдулло Абдуллоев, муовини якуми роҳбари КВД “Тоҷиксуғурта” 2-юми август, зимни нишасти хабарӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи садамаи нақлиёт аз ҳисоби суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба фавт (шаҳрвандоне, ки дар садамаи нақлиётӣ фавтидаанд) 38 ариза ворид шудааст, ки ба ҳар яки онҳо аз тарафи КВД “Тоҷиксғурта” 4 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Ҷавонон барои нигаҳдошти Истиқлолият ба ҳар гуна фидокорӣ омода бошанд


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ҳамнабзи ҷомеа бошем

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ

 ЁДНОМА

Дар зиндагӣ ҳеҷ кас намехоҳад, ки аз дигарон ақиб бошаду ба муваффақияти дигарон танҳо дида дӯзад. Зеро табиати инсон ҳамин аст, ки мекӯшад аз дигарон як қадам пеш бошад. Ин қувва дар вуҷуди ҳар шахс ба чашм мерасад ва то кадом андоза он дар ҳаёт амалӣ мешавад, ба худи шахс вобастагӣ дорад. Сулҳия дар баробари дигарон доим талош менамуд, то дар ҷодаи писандидааш ба дастдовардҳои назаррас ноил гардад. Ҳамин буд, ки имрӯз сарбаландона фаъолият дорад. Сулҳия Назарова соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 2002 пас аз хатми мактаби миёна тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети журналистика дохил гардид. Ин муассисаи олиро соли 2007 сарбаландона хатм кард. Замони таҳсил дар донишгоҳ барои хубтар аз худ намудани донишҳои соҳа ва ба ҳам пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалӣ ҳамкориашро бо Шабакаи ТВ “Тоҷикистон” ба роҳ монд. Таҷрибаомӯзиҳояш низ дар муассисаи мазкур мегузашт ва ӯ маҳорату малакаи хешро нишон дода, аз соли 2006 ҳамчун корманд ба фаъолияти эҷодӣ шуруъ намуд. – Вақте дар мактаби миёна мехондам, шавқу рағбат бештар ба фанҳои забон ва адабиёт доштам. Маҳз ҳамин шавқу ҳавас буд, ки маро ба сӯйи озмунҳо раҳнамун месохт. Дар озмуне бо номи “Ровиён” иштирок намуда, бо қироат намудани шеърҳо сазовори ҷойи аввал гардидам. Ин ҳама боис гардид, то роҳ пеш гирам сӯйи касбе, ки меҳри худро дар ботинам ҷо намуда буд, - мегӯяд Сулҳия Назарова. Аз соли 2013 то соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар фаъолият намуда, айни ҳол дар Палатаи ҳисоб ба ҳайси мудири бахши иттилоотӣ фаъолият дорад. Ба назари Сулҳия, ҳар нафар чун ба коре мехоҳад шуруъ намояд, пеш аз ҳама меҳри онро дар қалбаш ҷо менамояд. “Як чиз бароям аҷиб буд, ки ҳамеша дарк менамудам, ки танҳо журналист ҳақиқатро мегӯяду аз камбудиҳои ҷомеа ҳарф мезанад. Ин пеша дарди ҷомеаро баён намуда, онро то андозае сабук менамояд. Дар баробари ин, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки сирф ба як соҳа дахл дорад. Аммо журналистика метавонад, ба кулли соҳаҳое, ки дар ҷомеаи мо ҳаст, ба ҳамаи онҳо даст занад. Намояндагони ин соҳа масъалаи мавриди таваҷҷуҳашонро меомӯзанд, ҳаматарафа баррасӣ менамоянд ва дар баробари ин ба дигарон маълумот медиҳанд. Журналистика аз ҳамин хотир барои ман аҷиб буд”, - мегӯяд ӯ. Ҳеҷ гоҳ аз пешаи интихобнамудааш пушаймон нагардидааст. Чунки танҳо умедаш ҳамин буд, ки омӯзад, фардо соҳибкасб гардад ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо намояд. Ҳамеша ба он ҷаҳд менамояд, ки дар пешрафту шукуфоии Меҳан ҳамчун як фарди ҷомеа саҳми арзанда гузорад. - Тамоми касбҳо нозукиҳои

хос доранд. Ҳар пеша аз шахс малака ва дониш талаб мекунад. Нафаре, ки илм ва дониш надошта бошад, ҳаргиз рӯзноманигори хуб шуда наметавонад. Барои чизеро тавассути қалам тасвир намудану баррасӣ кардан, аввалан дарку фаҳм лозим. Агар дар ин роҳ фаҳмиши хуб набошад, ба чизе ноил шудан ғайриимкон аст. Бинобар ин, агар ҳар нафаре ки касби худро дӯст медорад, пеш аз ҳама бояд аз донишҳои замонавӣ бархурдор бошад, - дар идомаи суҳбат иброз дошт Сулҳия. Чун як фарди соҳибмаълумот вазъи имрӯзаи ҷомеаро хуб арзёбӣ менамояд. Чунки имрӯз тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд мебошанд. Имрӯз баҳри ҷавонон шароите фароҳам омадааст, ки ҳатто онҳо метавонанд, таҳсили худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монанд. Ҷомеа имрӯз ба пеш ҳаракат карда истодааст ва ҳар яки мо низ бояд ҳамнабзи ҷомеа бошем. Агар мо як рӯз фаъолият накунем, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо хоҳем монд. – Ҳар кас дар зиндагӣ бояд дорои касб бошад. Зеро доштани ҳунар ба инсон доим кӯмак мерасонад. Бахусус дар шароити имрӯза бе доштани ягон касб наметавон умр ба сар бурд. Ҳар нафаре дар зиндагӣ мехоҳад, ки соҳиби обру ва мавқеъ бошад, пас бояд дар роҳи андӯхтани пешае азм намояд. Ҳар шахс мехоҳад, ки доим муваффақ ва комёбиҳо пайваста ҳамроҳаш бошад. Барои расидан ба ҳадафҳои накӯ касе ба мо кӯмак намекунад. Дар ин роҳ инсон бояд танҳо худаш кӯшишу талош намояд. Вақте бо итминони комил ба коре андармон мешавад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки оқибати он низ боровар хоҳад шуд, - афзуд ҳамсуҳбати мо. Бо иродаи устувор ба сӯйи фатҳи қуллаи мақсуд раҳсипор аст. Айни ҳол дар баробари фаъолият дар бахши иттилоотии Палатаи ҳисоб унвонҷӯи Маркази тадқиқоти стратегӣ мебошад. Мо барои комёб гардиданаш ҳам дар роҳи фаъолияти касбӣ ва ҳам дар роҳи илм ба ин бонуи зебо барору комёбӣ хоҳонем.

Корвони умри моро, Эътибор… Шоира. Мо ҳамсабақон ӯро чунин ном мебурдем, ҳарчанд ному насабаш Эътибор Юсуфӣ буд. Шоира мегӯяму пеши чашмам духтараки резапайкари шармгину хаёлӣ ва нозуку зудранҷе намудор мешавад, ки бори нахуст соли 2010 дар остонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Улуғзода дида будамаш. Баъдан риштаи муносибатамонро бо нахи адабиёт бофтаву зуд-зуд ба суҳбаташ мешитофтам. Ӯро ба маҳфилу ҷаласаҳои шеър даъват мекардам. Аз рафтору гуфтори ба худ хосаш дар ҳама ҷо шоир буданашро эҳсос мекарданд.

Эътиборро чун бонуе, ки дарди шеъру шоирӣ ва пеш аз ҳама дарди инсонро мефаҳмад, сахт эҳтиром мекардам. Эҳсос мекардам, ки аз аҳли дил аст. Ӯ дар синну сол аз мо - ҳамсабақон калонтар буду ҳама чун хоҳар шикаст, ҷудоӣ, ҳиҷрон ва ғамҳои айёми ҷавониашро, ки бештар аз ошиқиву ҳавасбозӣ сарчашма мегиранд, ба ӯ нақл карда, ба қавле дили худро холӣ мекарданд. Шояд ба он хотир буд, ки ӯ худ бештари вақт ба чашми атрофиён хаёливу ноумеду пурдард менамуд. Зеро вуҷуди ӯ аз дарде сиришта шуда буд, ки ҳатто худаш ҳам намедонист. Аввалҳои баҳори соли 2011 буд. Шабе дар хобгоҳи донишкада меҳмони ман шуд ва сари мизи аз китобу коғаз пур суҳбати тӯлоние доштем. Аз фурсат истифода бурдаму сабаби хаёливу ғамгин гаштанашро пурсидам. Бо узр савол додам, ки шояд падару модарат аз дунё гузаштаанд. Гуфт, не. Дар ҳоле, ки аз пурсишҳои ногаҳонӣ хавоси парешон дошт, посухаш низ парешон омад ва ҳоло дар ёдам нест, ки ғамгинии ҳамешагиашро чӣ гуна шарҳ дод. Аммо чун аз ман пурсон шуд, бо завқу бовари тамом аз шебу фарози рӯзгорам гуфтаму гуфтам. Нақли ман ба ҳадде ӯро ба ваҷд овард, ки гирист. Ва ман низ мегиристам. Ҳоло ба худ меандешам, ки гиристани ман он лаҳза бо Шоира сабабҳои ҷиддиву фоҷиабореро дар пай надошт. Дурии яксола аз модарам, ки бори нахуст иттифоқ меафтод, боиси гиряи ман шуда буд. Бори нахуст заҳри ҷудоии модарамро мечашидам. Ҳамаи масъулияту машаққате, ки дар замони донишҷӯӣ мекашидам, ҳар лаҳза модарамро ба ёд оварда, дили решамро рештар мекард. Хулоса, бо шоира – Эътибор Юсуфӣ он шаб бисёр гиристам ва ҳоло ки ӯ аз ҷаҳон гузаштааст, ба як ҳақиқати дигар боварам бештар шуд. Инсон касеро, ки бо ӯ бештар шод будааст, шояд ба зудӣ аз хотир мебарорад, аммо касе, ки ҳамроҳи ӯ гиристааст, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Ҳоло китобҳои «Фариштаи умед», «Атри борон» ва «Хуршеди шаб»-ашро варақ задаву ин ишораашро, ки гӯё ҷавоби суолам буд, мехонам: Рӯзе, ки аз ин ҷаҳони фонӣ гузарам, Як сина пур аз ранҷи ниҳонӣ гузарам. Дастам нарасида домани Хизри умед, Дастам нарасиду ормонӣ гузарам. Мо Эътиборро ҳамроҳи писараш Исфандиёр 19 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо вохӯрда будем. Ӯ низ ҳамроҳи мо шуъбаи магистратураи академияро бо ихтисоси фалсафа хатм намуд. Лаҳзаҳое, ки президенти академия Фарҳод Раҳимӣ дипломҳоро ба хатмкунандагон месупурд, кӯдаки марҳумаш доду фиғонро бардошт. Ҳозирини ҷаласа ба сӯяш нигаристанд. Бо дастонаш даҳони тифлашро маҳкам карданӣ мешуд. Ман, ки шефтаву волаи садои кӯдакони бегуноҳам, гуфтам, бигзор бигиряд, боке нест! Эътибор чунон шарм дошт, ки гунаҳояш гелоси навпазро мемонданд. Ҳамин ҳоло ҳамон дидори вопасин, табассуми омехта ба шарму ҳаёяш аз пеши чашмам мегузарад… Як даста аксҳои рӯзи хатм гувоҳи он дидори охиринанд. Ин даргузашти бехабару ногаҳонӣ боз ҳақиқати дигареро муҳри тасдиқ зад: «Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст!». Имсол дар фасли дай ӯро ҷашни сисолагӣ интизор буд. Аммо сангрезаҳое аз кӯҳистони зодгоҳаш Дарғ рехтанду корвони ӯро, ки дар он бо ҳамсару писарчааш менишаст, зеру забар карданд. Ҷони ӯ дар роҳ ба Ҳақ расид ва мисли Ғоиб Сафарзода роҳро маҳаки фалсафаи рӯзгори худ қарор додаву рафт. Эътибор аз дунболаш ягона писарашро низ бурд ва акнун аз ӯ нишоне нест ҷуз ашъораш. Дар китобчаи нахустинаш – «Фариштаи умед» фариштавор пешбинӣ карда буд: Зиндагӣ мафҳуми мушкил будааст, Умри мо бо марг восил будааст. Корвони умри моро, Эътибор, Оқибат тобут маҳмил будааст. Бузургмеҳри БАҲОДУР


 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон Имомёрбеков Имомёрбек БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Исматуллозода Ҷамолиддин БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Сатторова Заринахон БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Носири Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷаббор Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Муродов Бахтиёр БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

Овозҳо дар ҳафта

Шаҳр, ноҳия

2 3

4 2

5

5

1 1

3

5 1

2 2 3

Бале, рӯзноманигорест маъмулӣ, вале аз худ розӣ, то ҳадде, ки бовар кардааст, ки нотакрор ва фавқулодда аст. Шиораш он аст, ки хубу зиштро бояд гуфт, дурӯғу рост, ҳақу ноҳақ, чанд сол қабл худро душмани сукут эълон карда буд. Таҳлилро дӯст дорад, вале дониши сиёсии нокифоя дорад, бинобар ин ҳам таҳлилҳояш пучу бемаънӣ мебароянд. Аз гомҳои бенатиҷаи созмони «Қадам ба қадам», ки Далер Шарифов яке аз муассисонаш буд, низ огаҳӣ доштем. Зоҳиран ҳадафи аслии созмони мазкурро мубориза бо таассуб ва нафрати маҳаллӣ шуморида, мехостанд афкори умумии ҷавононро ба вуҷуд биёранд. Гарчанде муассисони созмони «Қадам ба қадам» бо як овоз даъво мекарданд, ки ин созмон ба ягон ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ, бахусус ҳизби экстремистии мамнӯи наҳзати исломӣ тааллуқ надорад, аммо дар асл яке аз шохаҳои калидии ин ҳизби экстремистӣ буд, ки хушбахтона муваффақ нашуд. Далер Шарифов дар яке аз баромадҳояш гуфтааст, ки муддате бо амри тақдир дар хонаи собиқ роҳбари мухолифини тоҷик Абдуллои Нурӣ ба сар бурдааст. Яъне ҳавои қасру кушки як сарватмандро нафас кашида, дар муҳити муҷаллал зиндагӣ кардааст. Бинобар ин ҳам имрӯз аз таҷрибаи андӯхтааш мегӯяд, ки аксар сарватмандони тоҷикистонӣ аз ҷайби мардум пулдор шуда, барои худ хонаҳое бунёд мекунанд, ки арзиши онҳо ба миллион мерасад. Имрӯз низ Далер Шарипов бо шӯру ҳаяҷон мақолаеро таҳти унвони «Чаро мо Друкс надорем?», интишор карда, дар он аз боби қаҳрамонӣ, ватандориву ҷавонмардӣ ва ҳиммат навишта, суолгузорӣ кардааст, ки чаро аз байни фарзанди тоҷик мисли Друкс набаромадааст… Албатта, сохтани нерӯгоҳи барқӣ дар ноҳияи дурдасти як кишвар аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ Роман Друкс қобили таҳсину офарин аст. Вале ин маънои онро надорад, ки бо васф намудани он, қаҳрамонӣ, ватандорӣ, ҷавонмардӣ ва ҳиммати ҳамватанонамонро зери суол бибарӣ. Шояд ӯ ин суолро муаллиф ба хешовандони худ, яке аз пайвандони Абдуллои Нурӣ, ки замоне бинои мағозаи «Олами кӯдакон»-ро харидорӣ карда, дар ҷои он бо арзиши миллионҳо имороти дигар бунёд намуда буд, дода бошад? Чун ӯ низ имконияти васеи Друкс шудан дошт, аммо нашуд… «Онҳое, ки лофи ватандорӣ мезананд, бояд аз иқдоми Роман Друкс дарси ибрат бигиранд»- таъкид намудааст муаллиф. Ин таъкид бештар ба худи Далер тааллуқ дорад. Магар ӯ боре аз худаш пурсидааст, ки баҳри ободии ватани азизамон ба ғайр аз бадбиниву бадҷӯӣ магар кореро анҷом додааст? Муаллиф овардааст: «Ҳиммат ва ҷавонмардӣ ин аст, ки интизор бошем, то кадом як созмони хориҷӣ ба мо садақа бидиҳад ва нисфи онро ба ҷайби худ зада, боқиро барои мардум, ки ҳаққи ҳалолашон аст, сарф бикунем…». Айнан чунин муносибат ба он рӯзноманигороне, аз ҷумла Далер Шарифов барин фурӯхташудагоне тааллуқ дорад, ки вата��у миллати худро дар пеши хоҷагони хориҷии худ бадном карда, бар ивази он музд мерӯёнанд. Рӯз ба рӯз гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо ободу зебо гашта истодааст, ки дар он саҳми фарзандони барӯманди кишвар назаррас аст ва на ҳамаи ин иқдоми хайрхоҳона инъикос мегардад. Васф намудани кори арзанда маънои поймол ва нодида гирифтани хизматҳои дигарон буда наметавонад. Хуб шудааст, ки Далер Шарифов бо паст задани шаъну шарафи соҳибкорони ватанӣ талаб накардааст, ки ба Роман Друкс унвони қаҳрамони халқи тоҷик дода шавад. Чунин таклифро шунидан аз ҷониби рӯзноманигори бегонапарасте чун Далер Шарифов аз эҳтимол дур нест. Умеди СОБИР

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

МИНБАРИ АНДЕША

Чаро мо бегонапарастем?

Фархор ба Ваҳдат баробар шуд

Бо навиштаҳои ин муаллиф аз қабл ошноӣ дорем. Агар гӯем, ки ӯ нисбат ба ғунҷоиши зеҳниву касбиаш фазои бештареро мавриди парвоз интихоб кардааст ва бинобар ин ҳам доимо шикаст мехӯрад, хато намекунем. Дар фазои иттилоотии кишвар чанд солест мепалакад, аммо ҷояшро ёфта наметавонад. Замоне дар телевизион буд, мекӯшид танҳо дар чаҳорчӯбаи муайян суханронӣ кунад. Дурусту боназм буд. Чун «бо хоҳиши худ» аз телевизион рафт, ғаразҳои нуҳуфтааш бедор шуда, рӯ ба танқиду интиқод овард. Вале ӯ то ҳол нафаҳмидааст, ки ин аламу ғаразҳо ва нотавонибиниҳояш аз куҷо маншаъ гирифтаанд. Гоҳ-гоҳ бо эродгириҳои бемаврид ва интиқодҳои беасос дар фазои иттилоотӣ чеҳранамоӣ мекунад.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

ОЛИМПИАДА - 2016

Вақте варзиш ҳам сиёсӣ мешавад...

ШОДИХОНИ НАЗАР

Шоми 5 август дар варзишгоҳи “Марокана”-и шаҳри Рио-де Жанейрои Бразил маросими кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ баргузор гашт. Қисмати дарозтарини маросим гузашти варзишгарони давлатҳои иштирокчии бозиҳо буд. Дар он наздики 12 000 нафар ширкат карданд. Аввалин шуда дастаи Юнон – ҳамчун асосгузори олимпиада – ба майдон баромад. Аз ҳама охир дастаи олимпии мизбон – Бразил вориди майдон шуд. Ҷумҳурии моро 7 варзишгар намояндагӣ доранд. Парчамбардори дастаи олимпии мо гурзандози маъруф Дилшод Назров буд. Оташи олимпиро дар майдон даванди бразилӣ, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Афина-2004 Вандерлей де Лима афрухт. Буҷети чорабинӣ 21 миллион долларо ташкил дод. Лондон 4 соли пеш барои ҳамин маросим ду баробар бештар хароҷот карда буд. Ба иттилои CNN, маросими кушодашавии Олимпиадаро дар тамоми ҷаҳон 3 миллиард нафар тамошо карданд. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ 207 давлати дунё барои ба даст овардани медалҳои олимпӣ талош доранд. Давоми се рӯз аз миёни ин давлатҳо танҳо 38 давлат тавонистааст, ки соҳиби медали олимпӣ гардад. Аз ҳисоби даставӣ миёни варзишгарони ҷаҳон ШМА бо касби 19 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ) садрнишин аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо соҳиб шудани 13 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) зинаи дуюмро касб кардааст. Австралия бо 7 медал (4 тилло ва 3 биринҷӣ) дар зинаи сеюм аст. Таҳлилгарони соҳа пеш аз олимпиада аз рӯи тахминҳо ҳадс мезаданд, ки Русия бо такя ба варзишгарони касбӣ ва собиқ қаҳрамонҳои олимпиаш дар Рио-2016 дар ҳисоби даставӣ садрнишин мешавад. Ин сару садоҳо то замоне давом кард, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ 68 варзишгари Русияро ба истеъмоли допинг муттаҳам дониста, аз ҳаққи ширкат дар олимпиада маҳрум намуд. Аксари онҳо ситораҳои

қаблии олимпианд. Ин тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ миёни ҷомеаи варзишии Русия ва мухлисони ғайри рус, ки Русияро дар ин бозиҳо ба қавле “легенда” меҳисобиданд, сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Баъди ин тасмимҳо Рио-2016-ро аз зумраи аввалин бозиҳое шумурданд, ки ба худ бештар хусусияти сиёсӣ касб кардааст. Дар ин олимпиада давлатҳо аз рақобати варзишӣ дида “зӯрии” худро нишон медиҳанд. Амрико, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо касби 151 медал пешсаф буд, намехоҳад ин бартариро дар Олимпиадаи XXXI тобистона, ки бори аввал аст дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ мегузарад, аз даст диҳад. Аз рӯи пешгӯиҳо, ки Русия метавонист муқобили Амрико дар ба даст овардани медалҳои олимпӣ истодагарӣ кунад, давлатҳои манфиатдор бо баҳонаи зиёд саҳми Русияро дар ин олимпиада дучанд заиф намуданд, яъне дигар Русия дар Рио-2016 рақиби асосӣ барои Амрико шуда наметавонад. Давоми се рӯзи олимпиада русҳо бо ба даст овардани 10 медал (2 тилло 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми ҳафтумро касб намудаанд. Новоста ба фишорҳои зиёде, ки сари федератсияҳои варзишии Русия ва варзишгаронаш оварда шуд, русҳо кӯшиш карда истодаанд, ки мақоми худро миёни давлатҳои дигар муайян созанд. Ҳарчанд таҳаммули ин дард барои онҳо душвор аст. Ин нуктаро худи президенти Русия Владимр Путин зимни мулоқот бо варзишгаронаш ва гусели онҳо ба Рио-деЖанейро таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки паси ин ҳодисаҳо бозиҳои сиёсӣ меистанд, ки варзишро ҳам ба сиёсат олуда карданд. Баъди тасмими охирини Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар рӯзҳои ба шумори оғози олимпиада гирифта шуд, варзишгарони рус ба қавле “розӣ” шуданд, ки дар ин маъракаи муҳими варзишӣ, ки аксар

давлатҳо ба хотири парафшон шудани парчамашон кӯшиш мекунанд, зери парчами олимпӣ ҳунарнамоӣ кунанд. Баромадан ба болои зинаи ифтихорӣ, садо додани суруди миллии кишвар ва парафшон шудани парчами давлат орзуи ҳар як варзишгар аст. Аксар варзишгарон бо расидан ба ин мақсад ва амалӣ гардидани ин орзу ашки шодӣ мерезанд. Ин кайфият ва фараҳ дар Олимпиадаи XXXI бо варзишгарони рус “қаҳрӣ” кард. Онҳо баъди ҷоизадор шудан танҳо бо қарсакзанӣ хурсандии худро ба дигарон нишон медиҳанд. Зеро боло рафтани парчами Русияро дар қитъаи Амрико дар ин олимпиада мамнуъ эълон кардаанд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе намудҳои варзиш, ки Русия дар олимпиадаҳои қаблӣ ба монанди ҷудо, гуштии озод мавқеи худро аз даст надодааст, давоми 3-4 рӯз Беслан Мудранов варзишгари мусулмонтабори рус дар риштаи ҷудо тавонист аввалин медали тиллои Рио-2016-ро дар вазни 60 кило ба даст орад. Дар олимпиадаи Лондон-2012 ҷудокорони рус аксар медалҳои олимпиро сазовор гашта, дар ин риштаи варзиш садрнишин буданд. Пеш аз олимпиада коршиносон паём медоданд, ки ин олимпиада мисли олимпиадаҳои қаблӣ нахоҳад буд. Зеро пеш аз Олимпиадаи Пекин-2008 тамоми варзишгарону коршиносон ва расонаҳо ба тарзи омода шудани мизбонон барои меҳмонқабулкунӣ дар ҳайрат буданд. Дар Лондон ҳам, то ҳадди имкон чунин буд. Вале аз баргузор гаштани Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Риоде-Жанейро на ҳамаи мардуми ин шаҳр розӣ буданд. Як қишри мардум то олимпиада дар назди бинои ҳукумат борҳо гирдиҳамоӣ ташкил намуда, эътироз карданд, ки зиндагии мардум дар сатҳи паст қарор дорад, вале ҳукумат барои ин маърака пули калон сарф карда истодааст. Ин

боис шуд, ки ҳангоми овардани оташи олимпӣ мардум назди меҳмонҳо ҳам норозигии худро нишон дода, кӯшиши хомӯш кардани онро намуданд. Барои аксар варзишгарони ҷаҳон, ки дар бисёр олимпиадаҳо иштирок кардаанд, Олимпиадаи Пекин-2008 хотирмон ба шумор меравад, новобаста ба бурд ва бохтҳояш. Зеро тарзи хизматрасонии мардум ва омодагии чиниҳо барои варзишгарон қонеъкунанда буд. Олимпиадаи имсола бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад: ҳам бо бозиҳои сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳам бо эътирози мардуми Бразил... ва 21 август маълум мешавад, ки ин ҳама бо чӣ поён меёбад, оё ШМА садрнишиниро дар олимпиада ҳифз мекунад? Ба ҳар сурат, сабқатҳо

хеле ҷолиб баргузор шуда истодаанд. Аз миёни варзишгарони мо аввалин шуда муштзани маъруф Анвар Юнусов дар вазни 60 кило ба майдон баромада, варзишгари Чин Ҷун Шанро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Аз ин пеш Анвар бо Ҷун Шан ду муҳориба анҷом дода буд. Рақобати аввал дар мусобиқаи интихобии Осиё бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфтааст. Вохӯрии дуюм дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ ба нафъи Анвар Юнусов ҷамбаст гардида буд. Мутаассифона, дар даври 1/8-финал 9 январ Анвар бинобар сабаби лат хурдани дасташ аз идомаи сабқат бо муштзани бразилӣ Робсон Консейкао даст кашид ва аз медали олимпӣ маҳрум гашт.

ТАҚВИМИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР РИО-2016 10 август, ҷудо Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, вазни -90 кг 12 август, ҷудо Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, вазни +100 кг 11-12 август, шиноварӣ Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон 12-13 август, шиноварӣ Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон 15-17 август, варзиши сабук Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 17, 19 август, гурзандозӣ Дилшод НАЗАРОВ


Ба мо - насли солҳои навдуми асри 20 бахти накӯ насиб шуд, ки дар давлати соҳибистиқолол ба воя расидем. Бобоён ва волидони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ кору зиндагӣ карданд. Онҳо барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ таърихӣ, риояи расму русуми мазҳабӣ дар ивази шиканҷаю азоб талош намуданд. Аз таърих огоҳ ҳастем, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ кафолати иҷтмоии кофӣ мавҷуд буд. Аммо барои инкишофи бомаром, рушди ғурури миллӣ ва ватандӯстӣ фақат ғамхориҳои иҷтимоӣ кофӣ нест.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Бахти накӯи насли мо Сарҷамъии миллат – шоҳсутуни Истиқлолият

Барои мо - насли хушбахт ин дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиор мебошад: «Соҳаи маорифи мо бояд тамоми имкониятҳоро ба он равона намояд, ки насли ояндасози миллат аз таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, заҳмати содиқонаи мардуми кишвар барои ба даст ова��дани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зарурати ҳифзи онҳо, аҳаммияти соҳибихтиёрӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони пуртазоди муосир ва оқибатҳои эҳтимолии онҳо ба пояҳои давлатдории миллӣ огоҳ бошад. Ман борҳо таъкид карда будам, ки мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад, зеро огоҳиву ҳушёрии мардум худ пояи асосии суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад». Маҳастӣ МАҚСАДУЛЛО, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе

Бисту панҷ сол муқаддам дар сарзамини бостонии мо рӯйдоди таърихие ба вуҷуд омад, ки он дар тақдири мардуми куҳанбунёди мо таҳаввулоти навро ба миён овард. 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як кишвари ҷавон – Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи вуҷуд кард ва ин рӯйдоди таърихӣ марҳилаи наву тозаро дар ҳаёти миллати тоҷик оғоз намуд. Имрӯз мо дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди мардуми фарҳангиву сулҳхоҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди онем, ки баъди ин неъмати бебаҳоро ба даст овардан кишвари соҳибистиқлоли мо куллан тағйир ёфт. Хушбахтона, имрӯз кишвареро номбар кардан ғайриимкон аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол ва миллати тоҷикро ҳамчун як қавми бузург нашиносад. Ҳамаи мо аз таърихи гузаштаи халқамон хуб бархурдор ҳастем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо ҷовидон буд. Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра мо тавонистем дар такя ба таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллатамон ба асосҳои бунёди давлати навин оғоз намоем. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф кардаанд. Ба мақоми он арҷ мегузоранд ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра

дастгирӣ менамоянд. Вақте мо доир ба нақши сарнавишти истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мекунем, бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин падидаҳои нодирро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур нагузорем. Бинобар ин, ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар як кадоми мост ва бояд тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои кишварамон сафарбар кунем. Ҳамзамон нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таасубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунанд. Зеро сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои асосии истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи мардум ва кафолати рушди устувори давлати тоҷикон мебошанд. Пешравии миллат ва иқтидори давлат ба пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобаста аст ва эҳсоси ҳамин арзишҳо миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт. Наврӯз ДАВЛАТОВ, донишҷӯи ДМТ

Истиқлолият, яъне озод зистан Маънои калимаи «Истиқлол» озод будан, озод шудан, озодӣ ба даст даровардан ва ғайра мебошад. Халқи тоҷик, ки асрҳо дар зери фишори мардумони ғайр зиндагӣ мекард, соли 1991 ба озодӣ расид. Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии давлати Сомониён озод буданд ва соҳиби давлат. Баъдан зери султаи душманон - муғулҳо, баъдтар манғитиҳо ва русҳо зиндагӣ карданд. Пас аз ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷику Тоҷикистонро на танҳо дар гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва онро қадр мекунанд. Дар аввалҳои асри XX дар харитаи олам мамлакате пайдо шуд, ки онро давлати Иттиҳоди Шӯравӣ меномиданд. Агар ин давлатро ба дарахте шабоҳат диҳем, он аз понздаҳ шоха иборат буд. Саъдии бузург дар асри

XIII гуфта буд: се чиз бе се чиз пойдор намемонад: давлат бе сиёсат, илм бе баҳс, мол бе тиҷорат. Дар охири асри XX ба сари ин давлат - дарахти пурқудрат шахси аз сиёсати давлатдорӣ бехабар омаду онро пароканда кард. Акнун ҳар шохаи ин дарахтро лозим буд, ки мустақилона сабзанду нашъу намо ёбанд. Дар қисмати шарқии ин дарахт шохае буд, бо номи Тоҷикистон. Ин ниҳоли ҷавон шохаҳое дошт ки бо ҳам дар якҷоягӣ нашъунамо мекарданд, месабзиданд ва рушд менамуданд. Вале чӣ мегӯед, ки ин ниҳолу шохаҳои мустаҳками он ба яксолагӣ нарасида буд, ки сиёҳдилону хабаркашон оташ заданд. Як

шоха месӯхт дигар шохаҳо азоб мекашиданд. Хушбахтона, ин ниҳол дар замоне, ки месухту дуд мекард, соҳиб пайдо кард. Соҳиби хирадмандаш ваъда дод, ки оташро хомуш мекунад, ҳатто бар ивази ҷон ва роҳҳои хомуш кардани онро ҷуст. Худро борҳо дар хатар монд ва баъд аз 5 соли талош ба ваъдааш вафо кард. Ниҳол аз сухтан монд. Бо талошу кӯшишҳои соҳибаш аз нав ба сабзидан оғоз кард. Акнун, ки 25-сола шудааст, ба самар додан шуруъ намудааст. Шаҳром АТОБУЛЛОЕВ, донишҷӯи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Дар дилу даст захми роҳи Яхчипун

НЕЪМАТУЛЛО ХУДОЙБАХШ

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) Ҳамааш ҷо ба ҷо. Кори сохтмони роҳ авҷ мегирифт. Сардори қитъа Акрамҷон Акрамов ҳафтае танҳо як маротиба ба деҳа - зодгоҳаш Даштиҷум омада, аз аҳволи аҳли хонавода хабар мегирифт. Вақти бозгашт ҳангоми хайрухуш амаки Мақсуд меҳрубонона як қадар гилаомез мегуфт: - Худо тану ҷонатро сиҳату саломат нигаҳ дорад, писарам. Қуввати дилу дармони мо туӣ… Ба хонаи худ мисли меҳмон меоию меравӣ. Панҷ соли умрат дар Душанбе ба хондан, боз панҷ соли дигараш дар Шӯроободу Анҷиров гузашт. Ба Шоҳон омадию гумон кардем, ки акнун дар хонаи худӣ. Боз ба куҷо ин қадар шитоб дорӣ? Модар ба гилаи падар ҳамроҳ мешуд: - Як рӯз дар пешам бишин, ки дидоратро ба серӣ бубинам. Падар гапро ба ҳазл мекашид: - Исту бистат давраи ҷавониҳои худам ворӣ. Мегӯӣ, ки писари ҳалолии худам бошӣ. Дар синну соли ту бо банд баста монанд ҳам, тоқати як рӯз дар хона истодан надоштам. - Якшанбеи дигар барвақттар меоям, ма1, - китфи модарро сила мекард Акрамҷон ва ҳолати риққатборамро набинанд гуфта, худро базӯр ба даст гирифта, саросема ба мошин савор мешуд. «Як рӯз дар пешам бишин, ки дидоратро ба серӣ бубинам». Ӯ савори мошин ба сӯйи Шоҳон мерафту дар осмони дидагонаш чеҳраи падару модари дилсӯз буд, дар бораи онҳо фикр мекард. Меандешид, ки барои волидон аз дастгирию мададгории фарзанд дида дидори фарзанд гиромитар будааст. Маълум, ки онҳо ӯро пазмон мешаванд. Баъд… дертар, як рӯзи тобистон омаду онҳоро ба Шоҳон бурд. Мехост, ки волидон ҳамроҳи ӯ, дар парастории ӯ бошанд. Аз ҳавои тозаву беғубори Шоҳон нафас гиранд. Мафтуни манзараҳои нотакрори Шоҳон гашта, дарду ранҷи пириашонро фаромӯш кунанд. Акрамҷону ҳамсараш Меҳринисо кӯшиш мекарданд, ки барояшон ҳама шароит муҳайё бошад, аз чизе танқисӣ накашанд. Падар дер истода натавонист. Бетоқат шуд. - Ту маро куҷо овардӣ, Акрамҷон? - гуфт рӯзе. – Ин ҷо ҳама чиз ҳасту лекин чизи асосие, ки мисли нафас зарур аст, ба ман намерасад. Дар он ҷо ман ба худам монанд ёру дӯстон дорам, улфатҳо дорам, таъриху хотираҳо, рӯҳу арвоҳ дорам… Решаам он ҷо. Ҳар сангу харсангу дару девораш бароям шиносу қарин. Ин ҷо чӣ?.. Не, маро ба Даштиҷум бубар, писарам. Падар рост мегуфт. Вай як умр ҳамон ҷо миёни мардум гули сари сабад буд. Ҳазлу шӯхӣ, суҳбатҳои улфатпазир, ҳикоёту мутоиботи ӯро, ки бо шуниданашон кас аз ханда дар худ печида, рӯдакан мешуд, самимона дӯст медоштанд. Дар Даштиҷум меҳмони олиқадре ояд, директори хоҷагии ҷангал, дӯсти давраи ҷавониаш Сайфиддини Зиё аз пасаш одам фиристода, таъкид мекард, ки ӯро дар куҷое, ки набошад, ҳатман пайдо карда биёранд. Баъзан ҷустуҷӯи ӯ

як рӯзи дароз давом мекард. Вай духтури ҳайвонот буд ва аксар вақт ӯро дар кӯҳу пушта миёни чорводорон пайдо мекарданд. Ӯ меомаду аз дар медаромад ва меҳмонхона нуру зиё мегирифт. Дар лаби меҳмон ва дигар аҳли нишастагон табассум медамид. То як поси шаб дар он хона шодию хурсандӣ буд, аз он садои ханда берун мешуд. Касе, ки боре ба Даштиҷум мерафту дар маъракае ҳамроҳи Мақсуди Акрам менишаст, бо ӯ дӯсту бародар, улфат мешуд, аз ин диёр хурсандию шодӣ, чеҳраи гарму ҳикоёти намакини ҳаётӣ ва пандомези ӯро бо худ мебурд, як умр дар ҳаваси дубора дидани Даштиҷуму орзуи дидори Мақсуди Акрам мешуд. Ҳар даштиҷумиеро, ки дар шаҳри калон дучор меомад, «Акрамовро мешиносӣ?» гуфта мепурсид ва чун яқин мекард, ки мешиносад, «саломи пурэҳтироми маро расонед. Гӯед, ки дӯстатон фалон кас, фалон вазир дар Душанбе дидорашро пазмон шудааст». Акрамҷон ба ғайр аз ба ҷо овардани хоҳиши падар – ба Даштиҷум бурдани он чораи дигаре надошт. «Як рӯз дар пешам бишин, ки дидоратро ба серӣ бубинам». На ӯву на падару модар аз дидори якдигар сер нашуданд, ки нашуданд. Баъди муддате падар хабари дурӯғеро дар бораи ба фалокат дучор шудани яке аз фарзандонаш шунида, аз тарс гирифтори фалаҷ гардид ва бо ин дард дунёро падруд гуфт. Интизориҳои дарози панҷсола, ҷангҳои дохилии бародаркуш, вазъияти ноороми соҳили дарёи Панҷ, ки қитъаи Шоҳон-Яхчипун аз паҳлуи ��н мегузашту бо ҳамин сабаб кор дар ин ҷо ба муддати панҷ сол қатъ шуда буд, ба охир расиданд. Ҳукумати ҷумҳурии акнун озоду соҳибистиқлол аҳамияти стратегии ин шоҳроҳро ба эътибор гирифта, онро маблағгузорӣ кард. Кори роҳсозӣ дар қитъаи Шоҳон-Яхчипун аз нав ба таври оҷил шуруъ шуд. Садои булдозеру “КРАЗ”-ҳо дараву кӯҳҳои сангини ду тарафи онро ба ларза оварданд. Акрамҷон Акрамов акнун соли чорум боз дар идораи пулсозии рақами 33-и ширкати саҳомии «Мостоспетсстрой»-и Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ (ба ҷойи идораи сохтмонии рақами 907-и ширкати «Средаздорстрой» ташкил ёфта), ки идомати сохтмони роҳро ба уҳда гирифта буд, вазифаи сармуҳандисро бар зима дошт. Кор дар қитъаи Шоҳон-Яхчипун аз нав авҷ мегирифт. Ҳафт кило-

метри наздик ба деҳаи Шоҳон, ки қабати заминаш хокии сангу шағалдор буд, чандон мушкилӣ пеш намеовард. Вале боқӣ ҳашт километри дигар то Яхчипун басе душвор буд. Дар бисёр маврид синаи кӯҳи сангиро бо парма шикофта, пеш рафтан лозим меомад. Вазири ҳамонвақтаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ Фаррух Муҳиддинов, ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ Эшмирзоев, сардорони ширкати «Мостоспетсстрой» Кишвар Раҳимов ва идораи пулсозии рақами 33-и ширкати мазкур Саъдулло Насриддинов муваққатан дар Яхчипун маскун шуда буданд. Онҳо ҳамчун намояндаи Сардори давлат дар сохтмони роҳ ҳар камбудию мушкили пешомадаро таъҷилан ҳаллу фасл ва бартараф мекарданд. Роҳсозон ба сӯйи Яхчипун пеш рафта, торафт ба марра наздик мешуданд. Соли 1999 соли пуравҷу барор дар сохтмони қитъа буд. Дар худи ҳамин як сол бисёр корҳое ба ҷо оварда шуданд, ки худи роҳсозон ба иҷрои онҳо бовар надоштанд. Фақат ҳаминаш басе андуҳовар буд, ки моҳи охири сол фоҷиавӣ омад. Аввал як пораи кӯҳи сангин ба болои булдозери ҷопонии Талаб Шафоев чапа шуд. Булдозер зери кӯҳпора монд. Роҳсозон хавфи чапашавии навбатии кӯҳро аз ёд бурдаву ҷони худро дар хатар гузошта, ба ёрии рафиқашон шитофтанд. Булдозерро аз қабати кӯҳпора бароварданд. Талаб Шафоев зинда монд. Баъди се рӯз ҳодисаи дигаре рух дод. Кӯҳпораи дигаре ногаҳон аф-

тиду дар пай қурбонӣ дошт. Коргари роҳсоз Карим Раҳимов зери он монд. Як моҳ пас, охири январи соли 2000 қитъаи роҳи ШоҳонЯхчипун ба қитъаи Зиғар паваст шуд. Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғро ба таври расмӣ кушоданд. Дар мавзеи пайвастшави ду қитъа аз як сӯ чархболи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фуромаду аз сӯйи дигар – самти Хатлон бо роҳи навсохт мошинҳои пурбор омада расиданд. Дар тантанае, ки дар ин ҷо барпо гардид, Сардори давлат роҳсозонро барои ин музаффарияти меҳнатӣ табрик гуфта, дасти ҳар якеро самимона фишурд, лентаи рамзиро бурид, роҳро кушода эълон дошт ва корвони мошинҳои пурбори маводи хӯрока сӯйи Бадахшон роҳ пеш гирифт. Он рӯз хурсандии хатлонию бадахшонӣ, тамоми мардуми ҷумҳуриро ҳадду канор набуд. Дар саргаҳи қатори сохтмончиёни ин шоҳроҳи азим, ки Сардори давлат дастонашонро ба нишони табрик самимона фишурд, паҳлуи устоди худ, шахсе, ки аз рӯзи нахустини ба кор омаданаш то ба ин рӯз дар ҳар қадам ёру мададгораш буд - сардори идораи роҳу пулсозӣ Саъдулло Насриддинов ҷавони ҳалимнигоҳи кушодачеҳраи хушсимо Акрамҷон Акрамов меистод, ки дар дилу даст захм дошт, захми роҳи пурозори Яхчипун. Вай он лаҳза ба издиҳоми шоду бод менигарист, дар қатори дигарон хурсандӣ мекард, таърифу тавсиф мешунид, вале хаёлан дар Яхчипун буд. Пеши чашмаш ду кӯҳи азими сар ба фалак кашида, миёни дара дарёи шӯху саркаши Панҷ ва дар гӯш садои ба ҳам омехтаву якнавохти дарёву булдозерҳо. Боз садои муколамаи тифли хурди худро бо худ аз Кӯлоби ба фарсахҳо дур мешунид: - Да, ҳамон афсонаи амаки Карима бигӯ. - Он афсона не, Некрӯзҷон. Ҳақиқат аст. - Хайр, ҳамон «ҳақиқата» бигӯ… 1 Ма - дар лаҳҷаи Даштиҷум ба маънои модар.

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Муассисаи давлатии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа ва ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд: 1. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ (номзади илм) 2. Омӯзгори ихтисоси волейбол (занҳо ва мардҳо) 3. Омӯзгори ихтисоси варзишии сабук 4. Омӯзгори ихтисоси тӯби дастӣ 5. Омӯзгори ихтисоси баскетбол 6. Омӯзгори ихтисоси педагогика ва психология 7. Омӯзгори ихтисоси анатомия ва физиология Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд: - диплом (нусхаи асл) - дафтарчаи меҳнатӣ бо собиқаи на камтар аз 6 сол - шиноснома Озмун 19 августи соли 2016 ҷамъбаст мегардад. Масъулони озмун: шуъбаи таълим ва деканат. Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Каленин, кӯчаи Авесто-27 (охири хатсайри № 52). Рақами тамос: 240-41-51 Эзоҳ: дар озмун фақат нафарони то синни нафақа иштирок карда метавонанд.


Ситорашинос

Хушкии се тарафаш об

Бо он ба чашм сурма мекашанд

Исм аз «љўшидан»

шапалоќ

«… додари кўр»

Њамсари Буш

Тайёраи Антонов

Дурўѓу иѓво

Фасли хазон

Номи кўтоњи Людмила

Истироњатгоњ дар халиљи Рига

Оѓоз

... ѓарибї љон ба сахтї медињад мискин Камол

… Пател, актрисаи њиндї

… Деол, актрисаи њиндї

Шањр дар резишгоњи д.Волга

Вале, лекин

Кўњњо дар Амрикои Љанубї Шањри ќадима дар н. Панљакент

Њиллаю найранг

Асбоби мусиќии калони клавишадор

Сергап, сафсатагўй, бењудагўй

Давлати ќадима дар Аврупо

Тарафи Хонаи Каъба

Ба доди касе …

… Королёва, овозхони рус

Кишвар дар шарќи Амрикои Љанубї

Кулўлачањои ќўрѓошимини тир

Муруд

Ширинї

Маркази вилоят дар Русия Њамели мўњраи намозхон

Воњиди пули Литва

Садои зоѓ

Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

...Анљелес, шањр дар ИМА

Муќобил

Ќаср, кох

Шаклу шамоил Зарфи таомпазї

Асбоби ќадимаи мусиќї

Майдони шолї

Фикр, идея Таоми миллии тоторї

Кўраи нонпазї

Занбўри асал

Гурехтани асп

Номи дигари мулки форсњо

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Рўгардонї аз фарзанд

Нимљазира дар ИМА

Кишвари Араб (ихтисора)

Чора, тадбир

Нотавонї, сустї

Шањр дар Афѓонистон

Њољат, ниёз Бонки … Кристиан ..., модел- сберйери фабанк ронсавї

Рашк

Навъи андоз

Љињодкунанда, љанговар

Нитроген

Мубодила, бадал

Њарфи «љ»-и арабї

"... беша гумон мабар, ки холист"

Сарсатр, фосила

Пойтахти Гурљистон

Манзили туркманњо, муѓулњо

Солшумории мусулмонї

Нотаи якуми мусиќї

Унвони илмии баъди бакалавр

Харљи бењуда

САНҶИШИ ДОНИШ

… Рао, актрисаи њиндї

Дар «ду» 1-то њаст, дар «чањордањ» 3-то

Тањљої

Баён, изњор

Њисобу китоб, статистика

Дўст ва устоди А. Навої

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

Шарму њаё

Боњунар

Намуд, сурат

Шумори футболбозони як тим

Номи ќадимии Амударё Бародари калон (лањљ.)

15

... Рауфова, овозхон

Шаршараи калонтарини ИМА

Сканворд

… Ѓафуров, муаллифи китоби «Тољикон» Шаппотї,

Миллати сокини Токио


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №32 (9458), 11.08.2016

Ҳадяе, ки набояд қабул кард

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ Донишманде ба шогирдон санъати ҷанг меомӯзонд. Ӯ таҷрибаву малакаи худро бо онҳо қисмат менамуд. Рӯзе ҳангоми машғулиятҳо ҷанговаре ба назди онҳо омад, ки ба бадӣ ном бароварда буд. Ӯро ҳама чун шахси бадкору бадкеш ва золим мешинохтанд. Байни мардум иғвогарӣ ва фитна барангехтанро дӯст медошт. Якеро интихоб мекарду ба сараш борони дашному алфози қабеҳро мерехт. Баъди ин рақиби бағазабомада кӯшиш мекард, то ин шахси дилозорро ҷазо диҳад ва хашму ғазабе, ки ба ӯ ғолиб меомад, ақлашро тира мегардонид. Рақиби ӯ низ пайиҳам хатоҳо содир мекарду дар натиҷа он ҷанговари арбадаҷӯ ғолиб меомад. Ин дафъа он ҷанговар хост, ки марди донишмандро зери таҳқиру ситеза қарор бидиҳад. Аммо марди донишманд ба ин заррае эътибор надод ва оромона машғулияти худро бо шогирдонаш идома медод. Он арбадаҷӯ боз ва боз кӯшиш намуд, то бо ҳақорату дашном устодро ранҷонад, вале ӯ мисли пештара орому ботамкин буд. Оқибат, ҷангара аз он ки ба мақсадаш ноил нагардид, бо қаҳр аз он ҷо дур шуд. Вақте он шахси арбадаҷӯ аз

назди онҳо рафт, шогирдон аз устодашон пурсиданд, ки чаро ӯ он ҳама таҳқиру ҳақорати ин ношуди мардумозорро таҳаммул намуд. Марди донишманд ҷавоб дод: - Ба дашному ҳақорат ва нафрату бадбинӣ бояд чун ҳадяе муомила намуд. Агар ту ин ҳадяро қабул накунӣ, пас он ба ту дахл надорад. Он ба кӣ дахл дорад? – пурсид аз шогирдон. - Он ба соҳиби худ дахл дорад, - ҷавоб доданд шогирдон. - Ана, мисли ҳамин бадхоҳӣ ва ҳақорату дашном, вақте ту онро қабул намекунӣ, бо он касе мемонанд, ки онҳоро бо худ дорад, – хулоса намуд сухани худро донишманд.

Ҳар яки мо дар ҳаёт бо дағаливу бадмуомилагӣ рӯ ба рӯ мешавем, аммо танҳо шумораи ками одамон ба хашму ғазаб, кинаву адоват ва таҳқиру нафрат аксуламали дуруст нишон дода метавонанд. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати равонӣ бояд роҳи осони баромадан аз вазъиятро пайдо намуд. Бояд дар хотир дошт, ки аксар маврид одамони бадбахту бебарор дағалу бадмуомила мешаванд. Аз ин рӯ, дағалиро бо дағалӣ ҷавоб додан ва ё ранҷидан аз чунин рафтору кирдор маъное надорад.

- То 18-сола нашудӣ, ба ман занг назан! - О, ман 25-солаам? - Ман ҳам ҳаминро гуфта истодаам.

***

Дар хостгорӣ. Тарафи духтар: - Мебахшед, писаратон сигарет мекашад? Тарафи писар: - Не, писари мо то маст нашавад, сигарет намекашад.

***

Кӯдакон ва ҳайвонҳо “мумкин нест”ро хуб медонанд. Вақте ба ту нигоҳ мекунанд, албатта мумкин нест. Вале вақте ҳеҷ кас туро намебинад, ин гапи дигар...

***

- Эҳ, дӯстам, гап надорам! Мисли ту тарсуро дар умрам надидаам. - Барои чӣ ман тарсу будаам? - Вақте ман занозанӣ мекардам, кӣ буд гурехт? - Ман фақат натавонистам нигоҳ карда истам, ки беҳтарин дӯстамро чӣ хел латукӯб мекунанд.

Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

***

Пеш, вақте дӯстонат ба меҳмонӣ меомаданд, лозим буд бо онҳо вақтхушӣ кунӣ. Ҳоло бошад, осон шудааст. Ба онҳо коди wi-fi-ро медиҳӣ ва тамом...

***

Хушбин буданро ту чӣ медонӣ? Ҳамсояи ман, вақте шишаҳои тирезаашро мешӯяд, ҳатман калиди хонаро ҳамроҳаш мегирад. Ба хотире ки мабодо аз тиреза афтад. Дар ҳоле ки дар ошёнаи 9-ум зиндагӣ мекунад.

***

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

- Азизам, ба ростӣ ман бароят ягонаам? - Шуморо имрӯз чӣ бало шудааст, ҳамаат як гапро мегӯед?

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

***

Вақте мегӯям наменӯшам, маҷбур мекунанд! Вақте мегӯям дар диетаам, кӯшиш мекунанд, ягон чиз хӯрам. Аммо, вақте мегӯям пул надорам... Ё бо садои паст гуфтаам, ё тамоман намешунаванд.

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

АНКЕТА

 ЭЪЛОН

Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шаҳодатномаи гурезагӣ таҳти №0009012, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.04.2016 ба номи сокини Бадахшони Афғонистон Илҳом Темуршо ба қайд гирифтааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________

Шиносномаи шаҳрванд Ярова Гулсанам Саидмуминова (соли таваллудаш 27.04.1988), ки ШВКД шаҳри Турсунзода соли 2006 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

Ному насаби пуркунанда _________________________________

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

- Хайр, акнун мо кӣ ҳастем, - пурсид духтар аз писар, - дӯст ё ҷуфти ошиқ? Писар, ки дар назди тиреза меистод, хомуш монд. - Ту кӣ будан мехоҳӣ? - дубора пурсид духтар. Ӯ ба ситораҳои осмон бодиққат назар карда, гуфт: - Кайҳоннавард.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6567 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Ҷавонони Тоҷикистон, №32 (9458), 2016