Page 1

ЧТ , javonon.tj

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №15 (9545), 12/04/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Ифтитоҳи 4 майдончаи футбол дар шаҳри Душанбе Дар доираи сафари корӣ, 5 апрел Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ба Душанбе ташриф овард. Роҳбари кунунии КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо дабири кулли КФО Дато Виндзор Ҷон дар ҷараёни сафари кории худ бо масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоту гуфтушуниди дуҷониба анҷом доданд. Дар доираи сафари мазкур 6 апрел Шайх Сал-

мон бин Иброҳим Ал-Халифа бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ чор майдончаи хурди футболро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. Майдончаҳои хурди футбол, бо сармоягузории КФО сохта шудаанд. Ёдовар мешавем, ки Шайх Салмон бин

Иброҳим Ал-Халифа маротибаи дуюм аст, ки ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Маротибаи аввал ба ҳайси раиси Созмони футболи Баҳрайн 19 апрели соли 2013 ба Душанбе омада, бо Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот намуда буд.


2

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

АХБОРИ ҲАФТА

Суғд: Гусели 1000 даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ Гурӯҳи беш аз 1000 нафараи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар шуданд. Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳазорон нафар сокинони вилоят, волидони ҷавонони даъватшаванда, афсарону сарбозон чорабинии идона баргузор шуд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфтааст. Дар охири чорабинӣ, аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуда, даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон хушнудӣ намуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давоми моҳи апрел бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии Кумита ҳамоиши стипендияҳои Президентӣ баргузор мегардад. То имрӯз дар вилояти Суғд , Хатлон, шаҳри Душанбе ин ҳамоишҳо бо ҷалби 216 стипендияҳои Президентӣ дар соли хониши 2016-2018 баргузор гардиданд. Чунин ҳамоиш дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд, 7 апрел, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Таъкид гардид, ки таъсиси стипендияи Президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонандагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард. Дар вилояти Суғд айни замон 78 нафар гирандагони стипендияи президентӣ, 130 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят, 453 нафар гирандагони стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки ҳамарӯза дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ ва дар раванди ободкориву бунёдкории ватанамон саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Масъулин иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани ҷавонон ва ҳамчунин ҳифз намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Ш. НУРМАТОВ, “ҶТ”

Мактаби матонат Тавре шоҳидем, имрӯзҳо давраи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар гӯшаву канори кишвар бо як руҳияи баланд дар асоси арзишҳои милливу анъанаҳои пешқадам, бо баргузории чорабиниҳои зиёд, аз кабили “Рӯзи даъватшаванда”, “Муҳофизи Ватан”, бо ба роҳ мондани маҳфилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию мубоҳисавӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки Артиши миллиамон чун мактаби матонату мардонагӣ барои насли ҷавони кишвар рисолати худро иҷро намуда истодааст. Он ба як сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мубаддал гаштааст. Таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини кишвар дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мавқеи хосса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бо маврид аст, ки дар давоми 25 сол Артиши миллии кишварамон ҳазорон нафар ҷавононро ба камол расондаву парвариш намудааст. Дар навбати худ, боиси хушнудист, ки ҷавонон имрӯз хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ ба шумор меравад. Тавре шоҳид гашта истодаем, тӯли солҳои охир ҳамасола дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ садҳо нафар ҷавонони кишвар омодагии худро ба хизмати Ватан-Модар изҳор медоранд, ки падидаи неку шоиста аст. Имрӯз аксари ҷавононамон дарк намудаанд, ки ҳимояи Ватан-Модар ин иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст ва шарафи ҳарбиро муқаддас доштан нишони ватандориву ватандӯстист.

Аброр НОРМАТОВ, афсар - омӯзгори кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов

“Ҷумҳурият” рӯзномаи серхонандатарин эътироф шуд Дар доираи як тадқиқоти фарогир оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо (паёмрасонҳо) нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият" рӯзномаи серхонандатарини мамлакат эътироф шуд. Натиҷаҳои ин пажӯҳиш рӯзи 6 апрел бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ, таҳлилгарону ҷомеашиносон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Тадқиқоти мазкур лоиҳаи

муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" буда, аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" анҷом дода шудааст. Ҳадафи ин пажӯҳиш муайянсозии дараҷаи истифодаи аҳолии Тоҷикистон аз васоити ахбори

оммаи ватанӣ ва хориҷӣ арзёбӣ гардид. Дар доираи ин тадқиқот муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ва радиои “Садои Душанбе” низ аз расонаҳои сертамошобин ва сершунаванда эътироф шудаанд.

Толибшоҳи Давлат довталаби Ҷоизаи Нобел Котиби масъули рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Толибшоҳи Давлат бо повести “Турнаҳо дар баҳорон”аш барои дарёфти Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт пешбарӣ шудааст. “Турнаҳо дар баҳорон”-и нависанда барандаи ду ҷоизаи байналмилалии дигар низ ҳаст. Қаблан дар озмуни “Новеллазия” барандаи ҷоиза ва мукофоти пулӣ гардида буд. Сипас, соли 2014 дар Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ (OCАBF-2014), ки дар он беш аз 450 нафар довталабон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Британияи Кабир, Руминия, ИМА, Ирландия, Олмон, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Укроин ва Гурҷистон ширкат варзиданд, беҳтарин асари бадеӣ эълон шуда, дар шаҳри Лондон ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардид. Асар дар бораи сарнавишти пурмашаққати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Русия қисса мекунад. Ҳодисаҳо дар он реалӣ буда, муаллиф шоҳиди аксари онҳо мебошад. Умед дорем, ки Толибшоҳи Давлат дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ комёб шуда, номи Тоҷикистону адабиёти тоҷикро баландтар бардорад.


Дар замони муосир ҳама чизро метавон сохт. Ҳатто шахсиятҳоро. Аз ҳама мушкилтарин кор сохтани шахсият ё ба истилоҳи дигар тарбия ва ба камол расонидани як тифл, кӯдак ва ниҳоятан ҷавон то дараҷаи шахсият аст. Дуруст аст, ки дар тарбияву камолёбии як нафар чандин нафарон заҳмат мекашанду устодони зиёд хуни дил мехӯранд. Мураббияҳои зиёде шабонарӯз умри худро сарфи тарбияи як тифл менамоянд, то аз ӯ шахсияти барӯманде ба камол расад. Дар баробари эшон аз ҳама зиёдтар заҳмату меҳнат ва худфарсоиву ҷонбозиҳоро баҳри такомули як шахсияти оянда волидон анҷом медиҳанд. Чун онҳо сабаби ба вуҷудоии фарзанд гардидаву аз рӯи тамоми қонуну қавоид, хоҳ ахлоқиву динӣ ва хоҳ маърифативу ҳуқуқӣ ҷавобгар ва масъул ҳастанд. Ҳамин асос шуд, ки парлумони кишвар тасмимеро дар даст гирад ва барои хубтару беҳтар тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тавсиб расонад. Дар матлабти зер мехоҳем перомуни уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва вазифаҳои ҳуқуқии эшон дар партави риояи талаботҳои қонуни мазкур чанд андешаро баён созем. Аз рӯзе, ки ин Қонун ба тасвиб расид, аллакай ҳафт сол пур мешавад. Маълум аст, ки қабл аз интишори расмӣ он аз тариқи расонаҳо (ВАО) ба ҷомеа пешниҳод гардида, дар лоиҳаи қонун андешаи сокинони кишвар низ ба инобат гирифта шуд. Дар ин миён масъулин ва ҳуқуқшиносони кишвар ба Қонун тағйиру иловаҳо низ ворид карданд. Аҳли фарҳангу адаб ва зиёи кишвар онро ҳамчун як қонуни миллӣ пазируфтанд ва дар ҳошияи он мақолаву андешаҳои зиёде рӯи чоп омаданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дар риояи талаботи қонуни зикршуда на ҳама аҳли ҷомеа, аз ҷумла волидон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Агар аз як ҷониб бепар-

3

ҲУҚУҚИ ШУМО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018 воии волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии ҳуқуқиро дар пай дошта бошад, аз ҷониби дигар ба рушди шахсияти фарзанд халали ҷиддӣ ворид месозад, ки ин ҳам бар зарари худи волидон ва ҳам бар зарари ҷомеа аст. Чун таъсири бадахлоқии як нафар узви ҷомеа ба нафари дигар ҳатман хоҳад расид. Бояд ҳар падару модар хуб донад, ки масъулияти ӯ танҳо бо ба дунё овардани фарзанд ба итмом намерасад, балки тарбияву камоли фарзанд дар ҷои аввал меистад. Агар дар тарбияи

ҷониби дигар баракси ин рафтор кардан бар зарари миллат хоҳад буд. “Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар”, ин хулосаи бузургону мутафаккирони варзидаи халқи тоҷик аст, ки бо гузашти қарнҳо табдил ба гуфторҳои мардумӣ гардидааст. Имрӯзҳо, мутаассифона, ба мушоҳида мерасад, ки дар мактабҳои миёна хонандаҳое ҳастанд, ки ҳатто аз донишҳои одитарин бархурдор нестанд. Баъзан, агарчӣ хеле нанговар аст, аз талабагони синфҳои 5-6 вақте ҷадвали зарб пурсида мешавад ё

шавем, ки китоби охирин маротиба ба фарзандат туҳфа карда чӣ ном дорад, шояд гӯяд, ки ман ҳеҷ гоҳ ба фарзандам китоб нахаридаам. Ин агарчӣ дар нигоҳи аввал содаву одӣ менамояд, вале шарти муҳимтарини тарбия аз ҳамин оғоз меёбад. Барои тақвияти дониши ҳуқуқии волидон лозим донистем интихобан чанд бандеро аз моддаи 7-и қонуни зикргардида, ки “Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” унвон гирифтааст, ин ҷо орем.

фарзанд танҳо аз рӯи принсипҳои “Худо ризқашро медиҳад”, “Он ки нон диҳад, дандон диҳад” ва “Худаш роҳашро меёбад” амал кунем бо итминон метавон гуфт, ки бисёр чизро бой медиҳем. Бояд инро дар назар дошт, ки бо таваллуд кардану ба кӯча раҳо кардани фарзанд ба ҷомеа натанҳо манфиате намеорем, балки дарди саре ҳам эҷод хоҳем кард. Ҳамин аст, ки ҷуфтҳову оилаҳои ҷавони аврупову дигар мамолики мутараққии ҷаҳон пеш аз он ки тифле ба дунё биёранд, аввало нақша ва лоиҳаҳое барои тарбияву таълими ояндаи ӯ мекашанд. Агар ба чунин хулоса оянд, ки наметавонанд, тарбияи фарзандро ба таври мукаммал ба роҳ монанд, аз тавлид даст мекашанд. Агар аз як ҷониб ин ба урфу одати миллати мо дуруст наояд, аз

китобхонии онҳоро ба таври равон мехоҳӣ фаҳмӣ, баъзан дар шинохти ҳарфҳо ғалат мекунанд. Ва ҳамагон чӣ волидон ва чӣ ҷомеа домангири муассисаҳои таълимиву Вазорати маориф ва илм мегардем. Ҳол он ки мувофиқи қонуни зикршуда, то синни шашсолагӣ ба фарзанд бояд донишҳои аввалия аз ҷониби волидон таълим дода шавад, то дар овоне ки ба муассисаҳои таълимӣ шомил мегардад, аз ҳамсафон ақиб намонад. Дар давраи омӯзиш дар тамоми зинаҳои таҳсил мувофиқи бандҳои қонуни зикргардида, волидон расман уҳдадоранд, ки фарзандонро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд шароити муносиб фароҳам оваранд. Агар аз баъзеи эшон пурсон

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чунин уҳдадориҳо доранд: • ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; • барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; • фарзандонро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намоянд; • фарзандонро дар руҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; • ба фарзанди хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд; • ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ

Уҳдадориҳои волидон дар тарбияи фарзанд

Баҳори имсол ба кишвари мо аз дигар солҳо фарқкунанда омад. Зеро ин баҳор робитаҳои ду халқи дӯсту бародари тоҷику ӯзбекро баъди чандсолаҳо барқарор намуд. Якуми март шаш гузаргоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дубора боз шуд. Барои мардуми тоҷику ӯзбек, ки асрҳо паҳлӯи ҳам зиндагонӣ карда, дӯстию рафоқаташон дар тӯли таърих таҳким ёфтааст, боз шудани гузаргоҳҳо воқеаи бузур-

Баҳори некпай ги таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вақте сарҳадҳо боз гардид, мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба пешвози якдигар омада, оғӯши сулҳу дӯстӣ кушоданд ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми тоҷику ӯзбек дарвоқеъ муштоқи дидори ҳамдигаранд, ҳатто болотар аз он бародаранд. Яке аз асоситарин омилҳои боз шудани сарҳад ва беҳ шудани муносибатҳо байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, би-

дуни шубҳа талошҳо ва сиёсати “дарҳои боз”-и Пешвои миллати тоҷикон аст. Аз ҷониби дигар, дидгоҳи дурандешонаи тозаи сиёсии Сарвари нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ барои шикастани қолабҳои қаблӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Тоҷикону ӯзбекон аз халқҳое мебошанд, ки дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд. Дар ҳама ҳолат таъбири “ҳамсояи на-

нашаванд; • фарзандонро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд шароити муносиб фароҳам оваранд; • шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд; • ба фарзандони имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳидоштаи худ барои гирифтани таҳсил ва касбу шуғл шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандонро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд; • донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд; • дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳатман иштирок намоянд; • аз ҷониби фарзандони ноболиғ таҳқир ва беэҳтиромӣ намудан нисбат ба омӯзгорон, кормандони мактаб ва хонандагонро пешгирӣ намоянд; • аз ҷониби фарзандон халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ ва рафтори дағалонаро дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, нақлиёт, хобгоҳҳои умумӣ, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳанд; • ҷалб намудани фарзандони ноболиғ ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии онҳо зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳии фарзандон халал мерасонад, роҳ надиҳанд; Инҳо тавсияҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар натиҷаи иҷро накардани онҳо ҳар шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аммо бояд ба як нуқта таваҷҷуҳ кунем, ки тарбияи фарзанд пеш аз ҳама вазифаи ҷонии падару модарии мост. Зеро худи мо волидон фарзандро “нури чашм, чароғи дил” ва чандин унвони дигар додаем. Пас мебояд, ки барои фурӯзон мондану нурафкантар гаштани ин чароғ тамоми ҷаҳду талошро равона созем. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

здик аз хеши дур”- ро ба кор бурда, дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳанӯз аз дӯстии Ҷомиву Навоӣ барои мо ошкор аст, ки тоҷику ӯзбек халқҳои ба ҳам қарину бародаранд. Адибони зулисонайн ин дӯстиҳову равобитро дар мафкураҳо пайваста талқину тавсиф мекарданд. Хушбахтона, ин раванд аз нав бо шаклу самимияти хос оғоз гаштааст ва риштаҳои гусаста аз нав пайванд шуданд. Раҳматулло ТУРСУНОВ, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


4

ЛАБХАНДИ ҶАВОНӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Санъати ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ дар фарҳангу тамаддуни ҳар қавму миллат ҷойгоҳи махсус дорад. Аз рӯи пайдоиш жанри ҳаҷв хеле қадима мебошад. Ҳаҷвнигорон аз замонҳои қадим ба воситаи зарофату ширинкорӣ шоҳону дарбориёнро хушҳол мегардонданд. Ё баръакс онҳоро мазаммат мекарданд. Дар ҳама давру замон ҳаҷвнигорӣ нишон додани дард, мушкилоту камбудиҳои замон ва инсонҳо бо забони танзу зарофат будааст. Дар фарҳанги тоҷик низ ҳаҷв ҷойгоҳи вижа дошта, аз замони Шӯравӣ дар кишвари мо беҳтарин санъаткорону ҳаҷвнигорон фаъолият мекарданд. Чандин гурӯҳҳои ҳаҷвию ҳаҷвнигорони моҳир доштем. Саҳнаҳои ҳаҷвии Убайдулло Раҷабов, Коно ва Доно то ҳол миёни мардум маҳбубият доранд. Ҳаҷв ва ё ҳаҷвнигорӣ роҳест мушкил, заҳматталаб, пурпечутоб ва нозук. На ҳар кас бо боварии комил метавонад дар ин ҷода ворид гардида, ба чизе мушарраф гардаду машҳур. Номи ҳамонҳое дар ин майдон боқисту ба забон оварда мешавад, ки аз худ чизе ба ёдгор мондаанду воқеан ҳунарнамоӣ кардаанд. Зимнан, чанд вақт аст, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон фаъолият дорад. Дар маҳфил гурӯҳе аз ҳаҷвнигорони ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар гирд омада, бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ баромад менамоянд. Бино ба қавли роҳбари маҳфил Бердизода Сиёвуш таъсиси маҳфил бо ирсоли як нома дар моҳи августи соли 2017 ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода сурат гирифтааст. “Мо гурӯҳе аз ҷавонон хостем ба ин васила дар “Соли ҷавонон” саҳми худро гузорем. Хушбахтона, мактуби мо дастгирӣ ёфт. Дар муддати панҷ моҳ рӯйхати ҳаҷвнигоронро таҳия карда, озмун эълон намудем. Аз муассисаҳои олию касбӣ ва таҳсилоти миёнаи тамоми манотиқи кишвар ҳаҷвнигорони ҷавонро ҷамъ намудем. Аз миёни 60-70 нафар ҳашт нафарро ҳамчун узви доимии маҳфил қабул намудем. Аз моҳи декабр ба таври комил Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар назди Кумита таъсис ёфт ва аввалин барномаи ҳаҷвии худро таҳти унвони “Лабханди ҷавонӣ” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов баргузор кард. Ва аз ҳамон лаҳза номи театр-студияро ҳамчун театрстудияи “Лабханди ҷавонӣ” эълон намудем ва то имрӯз дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии Кумита ва чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ иштирок менамоем” – иброз дошт С. Бердизода.

Ҳаҷв бояд омӯзанда бошад ё чанд андеша аз фаъолияти Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди КҶВ Бердизода Сиёвуш алҳол хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун аст. Ӯ аз хурдӣ, муддати 12 сол дар шаҳри Роғун дар маҳфилҳои гуногуни ҳаҷвӣ фаъолият намудааст. Он маҳфилҳое, ки дар шаҳри Роғун иштирок мекард, дар сатҳи маҳал буд ва барои васеътар намудани фаъолияти худ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муроҷит намуд. Сиёвуш хушбахт аст, ки имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун ниҳоди асосии татбиқкунандаи сиёсати ҷавонон онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Иброҳим Бобохонов узви дигари Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита мебошад. Иброҳим донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, ҳаҷвнигориро дар баробари ихтисоси интихобкардааш кам намедонад. Ба нақли Иброҳим ӯ аз хурдӣ саҳнаҳои ҳаҷвии ҳаҷвнигорони машҳури кишварро дар назди оина такрор ба такрор иҷро намуда, ба онҳо тақлид кардан мехостааст. Номбурда андешаашро дар хусуси узви Маҳфили

ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита буданаш чунин баён дошт: “Ин маҳфил барои мо роҳи ояндаро мекушояд. Умед дорем, бо заҳмату меҳнат ва сайқал додани маҳорат ин гурӯҳ дар оянда барои санъати тоҷик хизмат мекунад, - мегӯяд Иброҳим. Ба монанди Сиёвушу Иброҳим дигар аъзои Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита бо ҳунару истеъдоди хоси худ аллакай дар ҷодаи ҳаҷв тарбиятёфта мебошанд. Аз малакаву истеъдоди онҳост, ки дар муддати панҷ моҳ бо саҳнаҳои ҳаҷвии худ дар дилу дидаи на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ ҷо гирифтаанд. Доир ба ҳаҷву интихоби ин пеша фикру андешаҳои аъзои маҳфил гуногун аст. Ба андешаи Сиёвуш Бердизода ҳадаф аз ҳаҷв танҳо хандонидани мардум нест. Ҳаҷв бояд омӯзанда бошад. Бояд барои рушди завқ ва маданияту маърифати мардум ёрӣ расонад. Дар баробари ин, ҳаҷв бояд мардумро ба роҳи рост бараду аз дурӯғгӯӣ нигоҳ дорад ва чун оина бошад. Вақте ки ба оина нигоҳ мекунед, чангу ғуборе, ки дар

рӯй ҳаст, тоза мекунед. Саҳнаи ҳавҷ бояд ҳамин тавр бошад: “Барои омӯхтани нозукиҳои ҳаҷв ба устодон пайваста муроҷиат мекунем. Хушбахтона, бо дастгирии Кумита Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҳалим Сангинов ҳамчун коргардон дар маҳфил фаъолият намуда, ҳама вақт барои ислоҳи камбудиҳо ва пешбурди маҳфил ба мо кӯмак менамоянд”. Аъзои Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон аз он шиква мекунанд, ки имрӯз дар кишвар ҳаҷвнависон хеле каманд ва бобати дарёфт кардани мавзуъҳои ҳаҷвӣ хеле танқисӣ мекашанд. Ба гуфтаи Иброҳим Бобохонов онҳо дар ёфтани мавзуъ бисёр азият мекашанд ва бештари вақташон низ дар ҷустуҷӯ мегузарад: “Устодони мо мегӯянд ҳаҷв ҳаёт аст, - ёдовар мешавад Иброҳим. - Ва мебояд онро аз ҳаёт гирифт ва дубора обуранг дода, пешкаши тамошибин намуд. Шояд баъзеҳо ҳамин гуна ҳисобанд, ки ҳаҷв як паҳлуи содаи санъат аст. Баромада латифае мегӯиву як намоиши хӯрдакак мегузаронӣ ва тамом. Баъзеҳо механданд ва баъзеҳои дигар не. Аммо

ин фикр хатост. Тамошобини имрӯза бисёр доною оқил аст, ба замми ин интихоб бисёр фаррох аст. Барои ҳамин мо дар ҷустуҷӯи мавзуъҳое ҳастем, ки дархӯри ҷомеа бошанд. Дар асл гирем, зиндагӣ пур аз мушкилист. Ба ҳар ҷонибе, ки назар кунем, бо як мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем. Мо – ҳаҷвнигорони ҷавон бояд кӯшиш намоем, ки мардумро хандонему хурсанд кунем, вале бештар талош намоем, ки афтодаеро санг назанем, ба ҳоли ягон маъюб нахандем. Мо ки худ ҷавонем, кӯшиш мекунем мавзӯҳоеро ба риштаи ҳаҷв кашем, ки аз ҳаёти худи ҷавонон бошад ва ба василаи ҳаҷв ҷавононро ба некӯкорӣ, илмомӯзӣ, ватандӯстдорӣ, ободкорӣ ва дар маҷмуъ ба хислатҳои нек ҳидоят созем”. Дар ин муддат маҳфил дар доираи нақшаи фаолият барои ҳунарнамоӣ ба шаҳрҳои Кӯлобу Кӯшониёни вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, вилояти Суғд сафарбар гардидаанд. Аз моҳи майи соли ҷорӣ барномаҳои ҳаҷвии маҳфил дар тамоми шаҳру навоҳии тобеи марказ намоиш дода мешавад. Бо он сафарҳое, ки гурӯҳи Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон ба минтақаҳои гуногуни кишвар доштанд, аз он шоданд, ки онҳоро тамошобинон хеле хуб пазируфтаанд: “Камбудиҳо зиёд аст. Аз ҷониби тамошобинон низ эродҳо ҳастанд. Мо ҳоло ҷавонем ва фаъолияти маҳфилро низ ҳамакнун панҷ моҳ мешавад. Аммо дар маҷмуъ мо аз он хушбахтем, ки кори мо мавриди таваҷҷуҳ аст”, – мегӯяд Бердизода Сиёвуш роҳбари Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита. Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар муддати панҷ моҳи фаъолияти худ ҳудуди понздаҳ саҳнаи ҳаҷвиро ба тамошобинон пешкаш намудааст. Дар умум ин самараи хуб аст. Барои боз ҳам пурсамар шудани кори маҳфилу муваффақ гардидани аъзои он барору комёбӣ таманно дорем! Х. МАВЛОНОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018 (Идома аз шумораҳои гузашта) Дар Наврӯзгоҳи пойтахт тантанаҳои Наврӯзи Байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои намоиши театрии санъаткорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, рӯҳияи мардумро болида намуд. Рӯзи 21 марти соли 2015 аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, парда аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ бардошта, қасри бошукӯҳи фарҳангии онро, ки ба тозагӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуда бо мардуми сершумори ин ноҳия мулоқоти судманд анҷом доданд. Баландии пайкара 12 метр буда, атрофи он бо гулгашти зебое аз гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ва ҳамчунин бо фаввораҳои бо рангҳои гуногун ҷилодиҳанда оро ёфтааст. Ба пешвози ҷашни Наврӯзи дилафрӯз дар паҳлӯи майдони атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ қасри фарҳангии бошукӯҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ ёфт, ки намуди зоҳирии зебо ва толорҳои мунаққашу мунаввар дорад. Нимаи дуюми 21 марти соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз диду боздидҳои наврӯзии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома дода, дар маркази шаҳр боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоир, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ намуданд. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шуд, ки баландии он 7 метр ва зерпояааш 4,5 метр аст. Ин пайкараи биринҷӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Даврон Раҳматов сохта шудааст. Атрофи пайкара бо сангҳои хорои маҳаллӣ ороиш ёфтааст. Бегоҳии 22 марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз майдонҳои варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо карданд. Чавгонбозӣ дар замонҳои қадим дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз низ баргузор мешуд. Ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора эҳё мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми наку басо хушҳол шуда, таъкид доштанд, ки чавгонбозӣ, ки воқеан аз аҳди бостон моли мардумони тоҷику ориёӣ буду ҳаст, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад. Тантанаҳои наврӯзии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат хеле дилпазир буд. 23 марти соли 2015 идомаи ҷашни

МУЛОҲИЗА

Ҷашни мардумӣ

бошукӯҳи наврӯзӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузашт. Дар ин макон намоишгоҳи наврӯзӣ тибқи расму оинҳои миллӣ ороста шуда буд. Таваҷҷуҳи меҳмононро ҳунари тарроҳону пардозгарон ба мисли атласбофӣ, адрасбофӣ, либосҳои миллӣ, қолинбофон, зардӯзон, гулдӯзон, чӯбтарошон, рассомону наққошон, устоҳои созҳои мусиқӣ, оҳангарону мисгарон, зарфҳои кулолӣ ва ашёи дигари рӯзгор, ҷалб намуданд. Дар канори майдон қариб сӣ деги калон гузошта, озмуни оиши палов баргузор гардид ва баъдан он ба мардум ройгон тақсим гардид. Соли 2015 китоби Пешвои миллат «Наврӯз – шиносномаи миллат» чоп шуд, ки дар он аксар суханрониҳои эшон ба табъ расиданд. Ин суханрониҳои наврӯзӣ моломол аз меҳру муҳаббат нисбат ба Наврӯзи оламафрӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд. Қисмате аз онҳо, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, ба мисли як дастагули наврӯзианд, ки табъро болидаву димоғро муаттар месозад. Дар соли 2015 низ мақолаҳо, шеърҳо ва осори таблиғотии зиёд аз тариқи воситаҳои ахбор чоп шуд, ки дар онҳо бо шаклҳои дигар аз гузашта ва то имрӯзи Наврӯз васф гардидааст. Аз ҷумла дар китоби Р. Аҳмадов “Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ”, ки бори дуюм соли 2015 нашр гардид бархе аз оинҳои маъмули наврӯзӣ маврди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Дар китоб дар бораи оинҳое ба милси “Ҳут ва Аҷуз”, “Гулгардонӣ”, “Ҷуфтбаророн”, “Сайри лола”, “Сайри гули сурх”, “Суманак”, “Сусхотун”, “Одатҳои боздоштани борон”, “Наврӯз ва оинҳои он” маълумот дода шуда, онҳо дар асоси маводи тоҷикони Осиёи Марказӣ рӯи коғаз омадаанд. Соли 2016 низ дар саросари кишвар Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳи баланд таҷлил гардид. Ҳамон анъанаи ҷашн раванди ҷашнгирии Наврӯз дар тамо-

ми кишвар аз тарафи давлат ва мардум идома дошт. Имсол низ дар ҳамаи деҳу ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз хушҳолиҳо зиёд буд. Муҳим он буд, ки имсол “Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз” баргузор шуд. Дар маҷмӯъ аз 18 кишвари ҷаҳон адибон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷашни Навӯз бо ҳузури адибони ҳавзаи Наврӯз аз субҳи 19 марти 2016 бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода (ва зиёрати оромгоҳи Лучоб) сурат гирифт. Баъди гулгузорӣ меҳмонон ба толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар чорабинии байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ташриф оварданд. Дар ин чорабинӣ пажӯҳандагон бо мақолаҳои зиёд аз кишварҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон суханронӣ намуда, нуктаҳои назаррас ва ҷузъиёти Наврӯз дар ин ҳамоиши илмӣ мавриди баррасӣ қаррор гирифт. Ба таври куллӣ суханрониҳоро метавон ба се бахш ҷудо кард. Аввал таърих ва фалсафаи Наврӯз, дуюм расму оинҳои наврӯзӣ, сеюм инъикоси Наврӯз дар забон ва адабиёти тоҷик. Соли 2016 аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизиони кишвар ва ҳамчунин интернет Наврӯзи Тоҷикистон ба таври васеъ дар сатҳи байнанмилалӣ инъикос ёфт. Дар тамоми гӯшаву канори олам аз тариқи воситаҳои ахбори омма мардум диданд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо чӣ ҳашамату бузургӣ ҷашн гирифта мешавад. Аз субҳи рӯзи 20 марти соли 2016 ҷашни расмии Наврӯз бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар назди муассисаи давлатии «Кохи Борбад» оғоз шуд. Меҳмонон дар ин ҷо бо намоиши китоб, осори рассомон, сару либоси миллӣ, суманаку суманакпазӣ ва дигар хӯрокҳои баҳорию наврӯзӣ, дастрахони ҳафтсину ҳафтшин ошно гардида, аз намунаҳои хӯрокҳои

мардумӣ ва ҳунари бонувони тоҷик истеъмол намуданд. Пас аз он меҳмонон барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз вориди толор шуда, ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯш доданд. Сарвари давлат нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфтанд. Дар вохӯрӣ шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ, иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок карданд. Дар суханронии худ Пешвои миллат ишора намуданд, ки дар кишвари мо ҷашни ҷаҳонишудаи Наврӯз бо чорабинии байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ, оғоз ёфт ва ин пайки тозаи баҳорӣ аст. Дар ин ҳамоиш баъди суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз шеърҳои худро қироат намуданд ва роҷеъ ба Наврӯзи тоҷикон суханҳои нек гуфтанд. Пас аз анҷоми ҳамоиш меҳмонон аз тариқи воситаҳои ахбор ва шабакаҳои телевизионӣ таассуроти неки худро иброз намуданд. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки меҳмонон ҳамон замон лаҳзаҳои зебои ҷашни Наврӯзро, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, шодмонӣ, рақсу сурудхонӣ, намоиши либосҳои миллии мардуми тоҷикро хуш пазируфта, ба воситаи телефон ва айфонҳои худ аксбардорӣ намуда, аз тариқи интернет ба ҷаҳониён муаррифӣ менамуданд. Таассуроти ҷолиби дигар ин аст, ки шахсан худи Президен-

5 ти кишвар дар ҷараёни пазироӣ ба назди адибону ҳунармандон омада, барои бештар пайванд намудани ваҳдатӣ миллӣ ва ободии кишвар саҳм гузоштани онҳо роҳнамоӣ карданд, ки ин худ далели мардумӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора профессор Абдулқаюми Қавим аз Донишгоҳ Кобул чунин гуфт: «Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси анҷумани тоҷикон ва форисзабонони ҷаҳон “Пайванд” низ мебошанд пеш аз ҳам ба ин кишвар сулҳу ваҳдат оварданд ва баъдан барои рушди он то имрӯз талош доранд. Тоҷикписарон расид Наврӯзи шумо, Аз бӯи баҳор маст ҳар рӯзи шумо, Аз ҷилваи буттаҳои сабзи гандум Болида ба дашт бахти пирӯзи шумо. Барои ман хеле хотирмон буд, ки пас аз шеърхонӣ ва суханрониҳо дар Кохи Борбад, нисфирӯзӣ шахсан Ҷаноби Олӣ меҳмони хориҷиро дар дами дар пешвоз гирфта, дасти ҳар кадомро фушурда хушомадед гуфтанд. Дар ин пазирои нозу неъмати беназир, меваҳоим мутанавеъ, косаҳои суманак буд. Лаҳзаи дигари ҷолиб барои ман он буд, ки Ҷаноби Олӣ ҳангоми пазироӣ бо меҳмонон суҳбат карданд, ҳолу аҳволи онҳоро пурсон шуданд, ҳатто бо адибон акси ёдгорӣ гирифтанд». Рӯзи 21 марти соли 2016 ҳамаи меҳмонон ба Наврӯзгоҳи пойтахт даъват шуда, ба зиёрати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ташриф оварда, пиёда аз тариқи Боғи Рӯдакӣ ба самти Наврӯзгоҳ раҳсипор гардиданд, ки онҳоро мардум бо нону намак, шеъру суруду мусиқӣ хуш истиқбол намуданд. Пас аз он меҳмонон аз намоишгоҳ боздид намуда, вориди Наврӯзгоҳ гардида, намоиши театрии наврӯзиро бо завқи тамом тамошо карданд. Рӯзҳои 21-22 марти соли 2016 меҳмонон барои иштирок дар маросимҳои наврӯзӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар шуданд. Таи чанд рӯз меҳмонони ҳмоиши адибони ҳавзаи Наврӯз дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар сафар намуда, бо базми ҷамшедии ин ҷашн ва шукуҳу шаҳомати он аз надик ошно шуданд. Онҳо дар маҳфилҳои адабии наврӯзӣ, дар донишгоҳҳо, дар ноҳияҳо бо шеърхонӣ, ҳунарнамоӣ ва суханронии худ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб сохтанд. Ҳамчунин аксари меҳмонон аз тариқи воситаҳои ахбор шеърҳои худро пешкаши мардум намуданд. (Давом дорад) Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики АИ ҶТ Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ


6 Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ-СПИД) аз бемориҳоест, ки оқибати нохуш дорад. Мутаассифона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нафарони гирифтор ба ин беморӣ ба чашм мерасанд. Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” қабул гардидааст. Дар иртибот оид ба вазъи ин беморӣ дар кишвар ва тадбирҳо ҷиҳати пешгирии он бо Дилшод Сайбурҳонов, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)” суҳбат намудем. Муҳтарам Дилшод Сайбурҳонов, аввал мехостам дар бораи хусусияти ин беморӣ ва зарари он ба саломатии инсон ба хонандагон маълумот медодед? - Умуман вабои вируси норасоии масунияти одам бемории музмин аст. Мисли дигар бемориҳое, ки характери музмин доранд, яъне ки дердавомкунанда ва дар организм дербоқимонанда мебошад. Мутаассифона, ин вирус аз организм берун намебарояд. Табобати зидди он, ки имрӯзҳо дар дунё вуҷуд дорад, агар нафари гирифтори ин беморӣ онро риоя ва сари вақт дорувориро истеъмол намояд, метавонад, ки сарбории вирусиро дар организм паст намояд. Яъне шумораи вирусҳоро кам месозад ва то ҳолати номуайянӣ оварда мерасонад. Аммо бо пуррагӣ ин вирусро аз организм бароварда

САЛОМАТ БОШЕД инҷониб ин роҳ коҳиш ёфт ва айни замон зиёда аз 20 фоизро дар бар мегирад. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. -Айни замон гирифторони ин беморӣ дар кишвар чанд миқдор аст ва шумораи онҳо коҳиш меёбад ё баръакс? - Тибқи маълумоти расмӣ то 31 марти соли 2018 шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 10231 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 6801

ВНМО дар дунё айни замон зиёда аз 36 млн нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагӣ намуда истодаанд. Аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти наздики 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст. - Дар семоҳаи аввали соли 2018 “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО” ҷиҳати пешгирии бемории ВНМО дар миқёси кишвар чӣ корҳоро ба анҷом расонид ва ҳар сол 1 декабр, ки “Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО” таҷлил мешавад, дар ин самт чӣ корҳо амалӣ мегарданд? - Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” ҷиҳати фаъолияти корӣ ва дастоварду камбудиҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди

мутахассисони марказ дар якчанд донишгоҳҳои кишвар дар маҷмӯъ миёни 2650 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ оид ба сирояти ВНМО, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Инчунин, ду барномаи иттилоотӣ оид ба таблиғи аҳолӣ баҳри пайвастан ба мубориза алайҳи сирояти ВНМО таҳия гардида, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам дар шабакаи “Тоҷикистон” пахш гардида истодаанд. Бо мақсади таъҷилан расонидани маълумот ба аҳолӣ бо истифода аз алоқаи мобилӣ ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол гардид, ки дар асоси он тариқи паёмакҳо якчанд иттилооти ху-

нафараш мардон ва 3430 нафараш занон мебошанд. Мутаассифона, сирояти ВНМО дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн гардида, сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабҳои гуногун аз ҷумла, аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 2448 нафар фавтида, шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда то охири моҳи марти соли 2018 дар ҷумҳурӣ 7783 нафарро ташкил медиҳад. Кӯдакони бо ВНМО зиндагикунанда то 18 сола 831 нафарро дар бар мегирад. Тибқи хулосаи семоҳаи аввали соли равон метавон гуфт, ки шумораи гирифторони ВНМО рӯ ба коҳиш аст. Зеро агар дар семоҳаи аввали соли 2017 шумораи гирифторони ВНМО ба 348 нафар мерасид, пас дар семоҳаи аввали соли 2018 он ба 275 адад расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 73 адад кам мебошад. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба пешгирии

вабои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 3 моҳи аввали соли 2018 корҳои гуногунро ба анҷом расонидааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар 3 моҳи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ 275 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2017 (348 ҳодиса) 73 ҳодиса камтар мебошад. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунандаи калонсол ва кӯдакон (7783 нафар) то имрӯз 5220 (67,1%) нафарашон табобати зиддиретровирусиро идома дода истодаанд. Тибқи таҳлилҳо шумораи ниёзмандон ба табобат дар ҷумҳурӣ 5394 нафар мебошад. Бо мақсади дастрас будани хизматрасониҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО 6 ташхисгоҳи ИФА ва 7 адад дастгоҳҳои ташхиси сарбории вирусӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуданд. Дар ин самт инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ пурзӯр карда шуда, дар давоми моҳҳои феврал-марти соли 2018

сусияти тарғиботидошта ва барои аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо зарур паҳн карда шуд. - Айни ҳол амалишавии “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар кадом сатҳ қарор дорад ва ҳадафи он чист? -“Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” барномаи хеле мукаммал буда, тамоми самтҳои мубориза алайҳи ин бемориро дар бар мегирад. Он аз шаш самти афзалиятнок иборат буда, масъалаҳои пешгирии сироят, тесткунонӣ, табобат ва нигаҳбонии беморон, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба онро дар бар гирифтааст. Ҳадафи асосии барнома ин то соли 2020 паст кардани шумораи сироятёфтагон, яъне таъсир гузоштан ба он ки дарёфт хеле зиёд шавад ва шумора дар солҳои минбаъда коҳиш ёбад.

Беморӣ рӯ ба коҳиш аст намешавад. Агар ки нафари бемор табобати зиддиретровирусиро гирад, метавонад, ки мисли шахсони солим ба пуррагӣ дар ҷамъият кору фаъолият намояду умри дароз бубинад. Ҳастанд нафароне, ки бо ин вирус муддати беш аз бист сол зиндагӣ доранд. - Омилҳои гирифтор гардидан ба ин беморӣ кадомҳоянд? - Гирифтор гардидан ба ВНМО омилҳои гуногун дорад. Дар ин ҷо роҳҳои гузариш аст. Яке аз роҳҳояш тавассути алоқаи ҷинсӣ, ки зиёда аз 55 фоизи ҳолатҳои гирифторшавӣ аз ин роҳ аст. Баъдан тавассути роҳи тазриқӣ, ки асосан ҳангоми истифодаи маводҳои нашъадори тазриқӣ дар байни нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд. Нашъамандӣ яке аз омилҳои асосиест, ки ба паҳн шудани ин сироят дар ҷумҳурӣ сабаб шудааст. Муҳоҷирати меҳнатии солҳои охир низ нақши бузург дорад. Инчунин шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ низ метавонад сарчашмаи сироятёбии ВНМО бошанд. Солҳои пешин асосан роҳи гузариши ВНМО дар Тоҷикистон роҳи тазриқӣ буд, ки беш аз 80 фоизро ташкил мекард. Аз соли 2004

Солимии миллат-боигарии давлат Ҳамасола ҳафтуми апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Дар доираи ин сана дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти кишвар, маҳфилу чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад, ки мақсад аз онҳо пеш аз ҳама беҳдошти саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии сокинон ва солимии ҷомеа мебошад. Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 рӯзҳои 6 ва 7-уми апрел бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти унвони “Солимии миллат - боигарии давлат” чорабинӣ баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 190 нафар кормандони марказ, аз ҷумла 75 табиб ва 115 ҳамшира ширкат намуда, ба 3351 нафар сокинони минтақа ба таври ройгон

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

хизматрасонии тиббӣ расониданд. Дар рафти хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои пешгирии бемориҳои диабети қанд, фишорбаландӣ, камхунӣ, бемории сил, саратон ва ғайра таҳлили хун, рентгени қафаси сина, ултрасадо ва дигар намудҳои ташхису муоина ба роҳ монда шуд. Табибон ба ашхоси гирифтори ин бемориҳо

маслиҳатҳо дода, онҳоро таҳти назорати хеш қарор доданд. Роҳбари маркази мазкур Гулхумор Амирова, табибон Давлатёр Одинаев ва Бунафша Орифова иброз доштанд, ки мақсади мо пешгирии бемориҳо, сиҳатии сокинон ва солимии ҷомеа буда, саъю талош мекунем, ки ҳамеша фаъолиятамон дар ин самт босифату самарабахш бошад.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Шаҳрнишинӣ тамаддун аст Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Пойтахти ҳама кишварҳои олам дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинони онҳо нақши бориз доранд. Чун ҳамарӯза одамон аз манотиқи гуногун ва бо сабабҳои гуногун вориди пойтахт мешаванд. Агар яке бо сабаби кам шудани имконоти ҷои кор дар манотиқи дурдаст ба пойтахт ояд, нафари дигарро пайдо кардани даромади бештар ва рушд додани шахсият ба он ҷо меорад. Сеюмӣ бошад, мехоҳад дар фазои нисбатан озодтар кору фаъолият дошта бошад ва рӯ ба шаҳр меорад. Аммо дар ҳама ҳол бояд риояи одобу ахлоқ ва маданияти шаҳрнишинӣ дар мадди назари ҳар як сокини шаҳр ва меҳмонон низ қарор дошта бошад. Соле қабл қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи боло бурдани маданияту одоби шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расид, ки хеле бамавриду саривақтӣ буд. Гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода шудаву дар байни аҳолӣ дар хусуси риояи талаботи санадҳои меъёрии марбут ба таълиму тарбия суҳбатҳо мегузаронанд. Ҳамзамон, ҳама зуҳуроти номатлубе, ки ба назари бинанда безеб менамояду ҳусни шаҳрро коҳиш медиҳад, аз ҷумла пӯшидани сару либос ва пойафзоли хонагӣ дар кӯчаҳои шаҳр, партофтани партовҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи пӯшидани сарулибоси расмӣ ва мувофиқ дар коргоҳҳо ва амсоли ин мавриди муҳокимаи аъзои гурӯҳ қарор дода шуд. Ин амал нахуст дар миёни аҳолӣ андешаҳои мухталифро ба вуҷуд овард. Бархе бар он ақидаанд, ки тарзи муомила, либоспӯшӣ, рафтору гуфтори ҳар як шахс бояд озод бошаду касе набояд дар ин маврид ба ин мудохила намояд. Нафарони дигар бошанд, чунин мешуморанд, ки дар ҳама гуна муносибот, хосса тарзи одобу ахлоқи шаҳрнишинӣ низ, албатта бояд меъёрҳои муайяни одобу ахлоқ риоя карда шаванд. Ва ин одобу ахлоқ аз салому алейк шуруъ гардида, ҳама паҳлӯҳои дигари рафтору кирдори инсонҳо, аз қабили тарзи либоспӯшӣ, риояи тозагӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, одоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби ҳамсоядорӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Чун тарзи рафтору одоби сокинони шаҳр ҳамеша бояд намунаи ибрат барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ва умуман барои тамоми аҳолии Тоҷикистон бошад. Тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ аз мавзуъҳоест, ки аксари сокинони пойтахт ба он бетараф буда наметавонанд. Як нафар сокини пойтахт, ки аз баёни номаш худдорӣ намуд, иллати коста шудани маданияти шарҳдориро вуруди бесобиқаи одамони гуногун ба шаҳр маънидод

7

МАСЪУЛИЯТ

Кӣ гуфта метавонад одаме ҳаст, ки аз тамоми айбу нуқсонҳо орӣ ва дар ӯ ҳама хубиҳо ҷамъ омадаанд? Бешак, чунин кас буданаш багумон аст. Ҳама дар худ хоҳу нохоҳ як ё якчанд айбу нуқс дорад. Ба таъбире “моҳ дар осмон беайб нест”. Ҳар инсон дар бисоти худ нафареро мехоҳад ва онро ба тавре муҷассам месозад, ки дорои ҳеҷ айбу нуқс набошад. Волидон мехоҳанд, ки фарзанде ба дунё оваранд, ки зебову хушандом, боодобу некрафтор, умуман дорои ҳама хӯву хислатҳои ҳамида бошад. Мардҳо бошанд, қабл аз издивоҷ занеро дар мағзи хеш тасаввур мекунанд, ки дорои ҳамаи камолот ва аз тамоми бадиҳо муназзаҳ бошад. Доираи ҳамкорону дӯстон низ дар хеш ҳамин фикрҳоро сомон медиҳанд. Ин гурӯҳ мехоҳанд, ки дӯстону ҳамкорони онҳо гапдаро, хайрхоҳ, накӯкор, хушсухану хушандом ва таҷассумкунандаи ҳамаи хубиҳои дигар бошанду дар худ ҳеҷ айбу нуқс надошта бошанд.

Чаро ҳамвора айбҷӯӣ кунем? намуда, иброз медорад, ки баъди бесарусомониҳои солҳои навадуми асри гузашта аҳолии зиёди деҳот ба шаҳр кӯч бастанд, ки аз одобу маданияти шаҳрнишинӣ бархурдор набуданд ва ин ба косташавии маданияти шаҳрнишинӣ бетаъсир намонд. Чун қаблан Душанбе шаҳри гуногунфарҳанг буду миллатҳои гуногун дар ин ҷо кору зиндагӣ доштанд. Аммо баъди даргириҳо аксари ин миллатҳо ба кишварҳои дигар кӯч бастанду пойтахт асосан макони деҳотиён гашт: “Масалан дар биное, ки ман зиндагӣ мекунам, чунин нафарон зиёданд. Ман зиёд мушоҳида кардаам, ки онҳо партовҳоро аз тирезаҳо ба поён ҳаво медиҳанд, аз балкони як бино бо ҳамсоя, ки дар балкони бинои дигар истодааст, бо садои баланд “суҳбат” мекунанд, кӯдакони онҳо бо алфози қабеҳ якдигарро дашном медиҳанду занҳои зиёди бекор, ба ҷои тоза кардан, муҳити атрофро бо партофтани пӯчоқи донаи офтобпарасту ҳар гуна меваҷот ифлос мекунанд”, - гуфт ӯ. Аммо Фарида Латипова, сокини дигари пойтахт, ин ақидаро беасос шуморида, мегӯяд, ки маданияту одоб, хоҳ дар шаҳр бошад, хоҳ дар деҳа, қабл аз ҳама аз муҳити тарбия дар оила вобаста мебошад. Ӯро асосан рафтору одоби бархе аз ҷавонон дар дохили нақлиёти мусофирбар нигарон кардааст: “Вақте мебинам, ки нафари бузургсоле рост истодаасту ҷавони беандешае баҳузур гӯшҳояшро бо гӯшмонакҳои телефон маҳкам карда нишастааст, хеле мутаассир мешавам, - мегӯяд Фарида. Пойтахти ҳар як кишвар мисли оинаест, ки ҳар бинанда дар он симои ҳаққонии сокинони онро мебинад. Шаҳр бояд маркази тамаддун ва ҳар як амали сокини он намунаи ибрати тамоми мардуми кишвар бошад. Ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мешавад, бояд бо он мисли хонаи худ муносибат намояд. Албатта, симои шаҳр бояд

фарқ кунад. Пӯшидани либоси хонагӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва ба бар кардани сарулибоси бодабдаба ва овехтани зару зеварҳои бисёр дар ҷои кор агар аз як тараф ба назар безеб намояд, аз ҷониби дигар хандаовар низ ҳаст. Либос бояд қабл аз ҳама ба синну сол, муҳит, мавсими сол мувофиқат намояд. Албатта, ҳеҷ бадие надорад, агар мӯйсафеди нуроние бо ҷомаву дастор дар кӯча қадам занад, аммо дидани ҷавоне бо ришу мӯйлаби расидаву ҷомаи фарохдоман ва ё калӯш табъро хира месозад. Ба ақидаи ҷомеашиносон барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги шаҳрнишинӣ қабл аз ҳама мафкураи сокинонро рушд бояд дод, чун одоби шаҳрнишинӣ тамоми паҳлӯҳои рӯзгори одамонро фаро мегирад. Танҳо дар он сурат мо ба фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ соҳиб мешавем, ки мафкураи мардуми шаҳрро дигаргун ва ба таври лозима тарбия намоем. Ва барои раванди чунин тарбия солиёни зиёд лозим аст. Ин аз одатҳои муқаррарӣ, аз қабили сухан гуфтану роҳ рафтан оғоз шуда, то ба ташаккули шахсиятро дар бар мегирад. Дар ҳоле ки касе наметавонад монеъи вуруди мардуми мухталиф ба шаҳр гардад, пас месазад, ки ҳар як сокини шаҳр ба аҳли оилаи худ, ба шиносу наздикон ва умуман ба ҳар нафари бори нахуст башаҳромада одобу ахлоқи шаҳрнишиниро омӯзонад. Барои ин мебояд, ки худ намунаи ибрат бошад. Тавре мушоҳида мешавад, солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи шаҳрдорӣ симои пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як сокини пойтахт, алалхусус онҳое, ки нав ба шаҳр ворид мешаванд, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя кунанд, одобу рафтори намунавӣ дошта бошанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Аз тинати баъзе инсонҳост, ки дӯст доранд, дар дигарон бинои эроду айбҷӯиро бунёд созанд. Дар мавриди айбҳои бисёр ночизу хурду реза он қадар фикр мекунанд, ки он ҳама дар назараш чун кӯҳ ҷилва мекунад. Ва табиист, ки барои сабук намудани худ ва аз дӯши худ фаровардани ин кӯҳ пеши дигарон лаб ба шикоят во мекунанд. Як нафареро ки садҳо хубияш ба мо расидааст, ба назар намегирем. Аммо баъзан кӯчактарин амали бадаш сабаб мешаваду ба гуфтани айбҳояш пеши дигарон шуруъ мекунем. Аз вай интиқод меварзем, ки чунин феълу амалҳои ношоиста дорад. Бад - ин васила сохтор ва доираи дӯстию ҳамкориро носоз сохта, асбоби ташвиши худу дигаронро фароҳам месозем. Дар натиҷаи айбҷӯиҳо меҳри атрофиён нисбати ҳам рафта-рафта кам мешавад. Дар сурати якдигарро мазаммату интиқод кардан, муҳаббати байниҳамӣ коста гардида, доираи дӯстон ба саҳнаи низоъ, айбҷӯӣ ва таҳқир табдил мегардад. Ва агар ҳамин раванд идома ёбад, сафову самимият ва меҳру маҳаббат нисбати ҳам ба пуррагӣ нест шуда, ҷои онро айбҷӯию кинаворӣ фаро мегирад. Гузашта аз ин, бояд донист, ки вақте айбҷӯӣ дар фитрати мо ривоҷ ёбад ва бо он собиқаи баде, ки аз ба мо мерос мемонад, бо дилхоҳ нафар муросо карда наметавонем. Ислом айбҷӯиро ҳамчун сифати зишту зиёнбахш шинохта, мусулмононро аз он наҳӣ кардааст. Расули Худо (с) мефармояд: “Эй касоне, ки ба забон муддаии исломед, аммо имон дар қалбатон ворид нашудааст, аз мусулмонон бадгӯӣ накунед ва дар паи айбҷӯӣ набошед. Ҳар касе аз дигарон айбҷӯӣ кунад, мавриди айбҷӯии Худо қарор хоҳад гирифт. Агар чунин шахсе дар даруни хонааш бошад ҳам, расво хоҳад шуд”. Ҳар нафаре, ки аз дигарон эрод мегираду айбҷӯӣ мекунад, қаблан бояд андеша кунад, ки магар худ беайб аст, ки аз дигарон айбҷӯӣ мекунад? Аслан, ин айбҳои кӯчак чӣ арзише доранд, ки қонуни гарми зиндагӣ, доираи дӯстону ҳамкорон, ҳаёти оилавиро сард созанд? Чаро фақат айбҳои дигаронро бинему аз хубиҳояшон сарфи назар кунем? Дар асл ҳеҷ фард бо тамоми хубиҳо ороста нашудааст ва ҳеҷ инсон аз тамоми бадиҳо муназзаҳ нест. Танҳо моро мебояд, ки некбин бошем. Зеро ба таъбири Саъдии суханвар: Гарат айбҷӯӣ бувад дар сиришт, Набинӣ зи товус ҷуз пои зишт. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ҳамаи варзишгарон, мураббиёну доварон ва дӯстдорони варзиши кишварро бо кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2018 табрику таҳният намуд: “Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишиву оммавӣ ва солимгардонӣ дар соли 2018 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва системаҳои зертобеи он тасмим гирифтем, ки дар доираи сиёсати варзишии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозиҳои варзиширо аз рӯи 11 намуди варзиш, дар кишварамон баргузор намоем. Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар варзиш рушд карда истодааст, мактабҳои нави варзишӣ таъсис ёфтанд ва шумораи варзишгарон низ дар ин иншоотҳои варзишӣ зиёд мегардад. Дар соли 2017 танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 75 майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд ва то моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода додани зиёда аз 92 майдончаҳои варзиширо дар пойтахти кишвар ба нақша гирифтанд”. Баъди суханронӣ Аҳтам Абдуллозода кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон -2018-ро дар фазои мутантан расман эълон намуд. Дар охир варзишгарони тоҷик навъҳои гуногуни варзишро, ки ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 ворид гардидааст, намоиш доданд. Маврид ба зикр аст, ки бозиҳои варзишии Тоҷикистон, яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, он пеш аз ҳама барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиши тоҷик ва тарбияву ба камол расонидани онҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи бозиҳои Осиё, олимпӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад. Варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, бонувон), волейбол (мардон, бонувон), варзиши сабук, бокс ва вазнбардорӣ миёни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 6 апрел оғоз гардида, дар ҳудуди кишварамон то 2 майи соли ҷорӣ идома меёбанд.

Лигаи олӣ: “Хуҷанд” то ҳол пешсаф аст Даври чоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 4 апрел оғоз ёфта, 8 апрел ба поён расид. Бозии нахустин рӯзи 4 апрел миёни тимҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Кӯктош”-и ноҳия Рӯдакӣ оғоз гардид. Рақобати мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардида, бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голи нахустини дидорро Фахриддин Сафарзода, бозингари тими “Кӯктош”, дар дақиқаи 18 вориди дастааш намуд. Пас аз ҳашт дақиқа дастпарвари бошгоҳи “Истиқлол” Ромиш Ҷалилов голи дуюми дастаашро ба сомон расонид. Бозии дигари лигаи олӣ, рӯзи шанбе 7 апрел баргузор шуд. Дар ин рақобат дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ бошгоҳи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисорро қабул намуда, ҳарифро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голҳоро ҳимоятгари тими “Панҷшер” Алишери Ҳотам ба номаш сабт намуд. Бозии дастаҳои ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе ва “Хатлон”-и шаҳри Бохтар диданӣ ва ҷолиб хотима ёфт. Дастпарварони Тоҳир Муминов сарму-

раббии тими ССКА “Помир” пас аз се бозии мусовӣ, ниҳоят ин рақобатро бо ғалаба 2-1 анҷом доданд. Голҳои ССКА “Помир”ро легионери эронӣ Муҳаммад Алипур ба дарвозаи меҳмонон зад. Ягона тӯби меҳмононро дар дақиқаи 8 ҳамлагари “Хатлон” Холмурод Назаров вориди дарвозаи Алиакбар Аҳакӣ намуд. Бозии марказии ин давр рӯзи 8 апрел дар Варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт. Дар ин дидор дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзодаро пазируфта, бо ҳисоби 2-1 ғалаба намуд. Дар дақиқаи 18 ҳамлагари хуҷандиҳо Ҷаҳонгир Эргашов, голи аввали рақобатро ба сомон расонида, дастаашро ба пеш баровард. Бозингарони “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода пас аз 14 дақиқаи бозӣ ҳисобро баробар, 1-1 намуданд. Муал- лифи гол Саидамири Саидаҳмад дониста шуд. Голи ҳалталабро дар дақиқаи 65 Дилшод Бозоров ба самар расонид.

Баъди хотимаи бозиҳои даври чоруми чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол садрнишин гардид. Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 9 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми дуюм ҷой гирифт. Тими ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе бо гирифтани 6 хол дар зинаи сеюм баромад. Рақобатҳои даври панҷуми мусобиқаи мазкур, дар таърихи 13, 14 ва 17 апрел баргузор мегардад. Бозии марказии ин давр рӯзи 14 апрел, миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” доир мегардад. Дар ҳамин рӯз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қувва меозмоянд. Рӯзи 13 апрел дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ҳарифи худ дастаи “Кӯктош”-и ноҳия Рӯдакиро қабул менамояд. Рӯзи 17, дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор бо ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе сабқат менамоянд.

Дастпарварони ФФТ медали нуқраи Ҷоми Бишкекро соҳиб шуданд Тими наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) дидори ниҳоияшро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Бишкек бар муқобили тими мунтахаби Бишкеки Қирғизистон баргузор намуд. Дидори мазкур бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи соҳибони майдон ба анҷом расид. Дастаи яккачини наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки дар пойтахти Қирғизистон ҷараён гирифт, ду бозиашонро бо ғалаба ва дар яктоаш мағлуб гардида, бо гирифтани 6 хол сазовори ҷои дуюм гардиданд. Футболбозони навраси тоҷик, зери роҳбарии Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов нахустин бозии худро бар муқобили тими мунтахаби наврасони вилояти Чуйи Қирғизистон доир намуда, бо ҳисоби

3:0 пирӯз шуданд. Дар даври дуюми чорабинӣ тими Академияи футболи ФФТ бо дастпарварони бошгоҳи “Велвет” -и Қазоқистон сабқат намуда, бо ҳисоби бузурги 6:0 ғолиб омаданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба ҷашни 140-солагии шаҳри Бишкек доир гардида, дар он дастаҳои Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду тим аз Қирғизистон ва як даста аз Қазоқистон бо номи “Велвет” ширкат намуданд. Шаҳбози Асомиддин, “ҶТ”


Варзиш маҷмӯи машғулият ва машқҳои ҷисмонӣ барои тарбияи бадан, бозиҳои варзишист, ки инсон бо мақсади мустаҳкам кардани саломатӣ ва инкишофи бадан ба он шуғл меварзад. Варзиш ба маънои мардумро шод кардан низ фаҳмида мешавад. Одам ба шикор, моҳидорӣ, ба деҳқонӣ машғул шуда, барои сайди хуб ва шудгори замин рафта, дар мубориза барои зиндагӣ саъй мекард, барои тез иҷро шудани кор дар такопӯ буд. Ӯ дар давидан, паридан, оббозӣ, қаиқронӣ, партофтани санг ва найза қувва сарф мекард. Аз дастовардҳояш хурсанд мегашт ва барои ҳаёту мамот ҳамеша дар мубориза буд ва ҳаст. Инсон ҳанӯз намедонист, ки баъзе аз амалиётҳои кори ӯ ба варзиш дохил мешавад. Ақида дошт, ки вай зӯр (паҳлавон), ҷасур, чусту чолок ва боматонат аст. Ҷанги тан ба тани ӯ бо ҳайвонҳо ӯро шод мекард. Амалҳояш бо идомаи авлодонаш ба саҳифаи таърих бегумон сабт меёфт. Аз истифодаи ашёҳои сангӣ ва чўбӣ ӯ барои ояндагон «асбоби варзишӣ» мерос мемонд ва ин амалиётҳо ба касбе чун варзиш ба насли оянда мерос боқӣ монд. Варзиш як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи махсуси омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин хотир, тарбияи ҷисмонӣ як навъи санъат буда, ҷараёни махсус ва натиҷаи фаъолияти инсонҳо, восита ва тарзи мукаммалгардонӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ мебошад. Таркиби тарбияи ҷисмонӣ аз чунин қисматҳо иборат аст: таълимоти ҷисмонӣ, варзиш, истироҳати бадан, барқарорсозии ҳаракат ва ғайраҳо. Тарбияи ҷисмонӣ раванди педагогӣ буда, ба омӯзиши махсус ва ҳамчунин барои ташаккули

9

АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Варзиш ва таъсири он ба ҳаёти инсон

қобилияти ҳамаҷонибаи ҷисмонии инсон равона шудааст. Варзиш фаъолияти мусобиқавӣ, бозигузаронӣ ва тайёрӣ барои он мебошад. Асоси онро машқҳои ҷисмонӣ ташкил медиҳад, ки барои ба муваффақиятҳо ва натиҷаи баланд расидани одамон зарур аст. Чунин таълимот дар маҷмӯъ ҳамчун категорияи умумии абадии ҳаёти иҷтимоии инсон ва ҷамъият эътироф гардидааст. Дамгирии ҷисм (рекреатсия) истифодаи машқҳои ҷисмонӣ ва навъҳои варзиш дар шакли содашуда барои истироҳати фаъоли одамон, гирифтани ҳаловат аз ин раванд, вақтхушӣ, тағйир додани шакли фаъолият ба дигар намуд мебошад. Қувваи барқарорсозанда раванди мақсаднокӣ, барқарорсоз ва қисман ё пурра ҷубронкунии қобилияти ҷисмонии гумшуда, тариқи табобат кардани ҷароҳатҳои варзишӣ истифода бурда мешавад. Ин раванд таҳти таъсири машқҳои ҷисмонии махсус, масҳкашӣ, муолиҷа бо об ва гиёҳҳо сурат меги-

рад. Ин фаъолияти барқарорсозии ҷисм мебошад. Омодагии ҷисмонӣ як навъи тарбияи ҷисмонӣ, инкишоф ва мукаммал гардонидани сифати ҳаракатҳои ҷисмонӣ ва фаъолияти варзишӣ мебошад. Такомули ҷисмонӣ раванди тағйирёбии шакл ва вазифаҳои бадан зери таъсири шароитҳои табиӣ (хӯрокворӣ, меҳнат) ё ин ки мақсаднок истифодабарии машқҳои махсуси ҷисмонӣ мебошад. Машқҳои ҷисмонӣ ҳаракат ё амале, ки барои инкишофи сифати ҷисмонӣ, узвҳои дохила ва системаи малакадиҳандаи ҳаракат истифода мешаванд. Ин воситаи мукаммалкунонии ҷисм, дигаргунсозии инсонҳо аз ҷиҳати биологӣ, рӯҳӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, ин усули инкишофи ҷисмонии одамон аст. Машқҳои ҷисмонӣ воситаи асосии тамоми навъҳои тарбияи ҷисмонӣ мебошанд. Мукаммалгардонии ҷисм вобастагии дараҷаи саломатӣ ва инкишофи ҳаматарафаи қобилияти ҷисмонӣ, ҳолати амалӣ ва руҳияи

Омили муҳими солимӣ Варзиш чунин нерӯи тақдирсозест, ки бар зидди таъсироти манфию ҳуҷумҳои фарҳанги пасти инсоният ва ҷиҳатҳои қабеҳи он устувор истода, пайваста ба ин, ҳамчун кафшер тамоми оламиёнро қатъи назар аз дину оин, миллату нажод ва касбу мансубият ба ҳам мепайвандад. Дар мавриде, ки дастаҳои варзишии кишварҳои мухталиф ё варзишгарони варзида байни худ мусобиқа мекунанд, бешубҳа дар майдон ё воситаи оинаи нилгун диндорону бединон, олимону одамони одӣ, сиёсатмадорони мафкураи гуногундоштаро бо ҳам бародарона муттаҳид месозад. Сиёсатмадорон нерӯи бузурги ин падидаи ҳаёти иҷтимоиро ҳамчун шуғли миллӣ маънидод менамоянд, ки қодир аст ҷамъиятро дар пояи тому мавзуни тафаккури миллӣ гирд оварда, онро ба фазилатҳои мафккуравии хеш саршор намояд ва бешубҳа чун қосиди сулҳ одамонро ба сӯи олами дӯстиву бародарӣ ва комёбиҳо

раҳнамо созад. Дар навбати худ, давлате, ки варзишро дастгирӣ мекунад, бешубҳа лоиқи ҳурмату эҳтироми иловагии мардумӣ мегардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир ба рушду нумӯи варзиш мароқи калон зоҳир намуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чумҳуриамон майдонҳои варзишии нав ба нав бунёд шуда, бо ин васила беҳдошти саломатии сокинони кишвар торафт беҳтар мегардад. Варзишгароне, ки дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд, аз тарафи давлат қадрдонӣ мешаванд. Ҳамин тавр, ташаккул ёфтани сохторҳои варзишӣ, алалхусус варзиши касбӣ раванди объективист, ки дар давраи фарҳанги замони муосир ба рушду камолот мерасад. Варзиш дорои иқтидори

солими инсонҳоро меноманд, ки ба шароитҳои муайяни фаъолияти одамон вобаста буда, қобилияти кори онҳоро солиёни дароз дар сатҳи баланд нигоҳ медорад. Ҳаракатҳои фаъол яке аз қисматҳои ҳатмии ҳаёти солим мебошад, ки аз синну соли мувофиқ, ҳаракатҳои гуногун, аз ҷумла машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои таъмини фаъолияти ҳаёти организми инсон иборат аст. Тадқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дуруст ташкил карда натавонистан ва нагузаронидани чорабиниҳои зарурӣ инсонро торафт ба камҳаракатӣ оварда мерасонад. Дар баробари пастшавии фаъолияти ҳаракатӣ дар давоми ҳар як шабонарӯз инкишофи ҷисмонӣ ва ҳолати вазифавии узвҳои бадан, аз он ҷумла фаъолияти узвҳои гардиши хун, дил, шуш, мубодилаи моддаҳо, қувваи мушакҳо, кори муътадили асаб ва ғайра паст мегардад, зеро фаъолияти муътадили тамоми узвҳои бадан ба фаъолиятҳои ҳаракат мувофиқ

баланди эстетикӣ ва бадеӣ буда, дар аксар маврид ба мафкураи арзишҳои инсонпарварӣ рӯ меоварад. Мо ба хотир меоварем ақидаҳои асосгузори бозиҳои олимпии муосир, арбоби барҷастаи Фаронса Пер-де-Кубертенро ки шиори ӯ чунин буд: ”Эй варзиш, ту сулҳӣ!” Дар давраи қадим, пеш аз мелод, вақте ки бозиҳои қадимаи олимпӣ дар Юнон баргузор мегардид, дар ин марҳила ҷанги байни шаҳру давлатҳои Юнон қатъ мегардид. Юнониён варзишро қосиди сулҳ меномиданд. Миллати тоҷик мисли дигар миллатҳои куҳанбунёд дар таърихи башарият доир ба варзиш машғул будани инсоният ақидаҳои бузург пешниҳод намудааст. Мутафаккирону шоирони гузаштаи мо Фирдавсӣ, Сино ва дигарон дар бораи фоиданокии машқҳои ҷисмонӣ ба саломатии мардум дар асарҳои худ фикру мулоҳизаҳои судманд баён кардаанд. Абуалӣ ибни Сино нахустин таъриф ё ин ки қоидаи варзишро ба чорчӯбаи илмӣ дохил намудааст. Сино илмҳои замонавиашро ҳаматарафа санҷида, ба шакли назариявӣ ва амалӣ тақсим намуда, онҳоро боз ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо

аст. Бинобар ин, бояд тамоми чорабиниҳои варзишӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон муташаккилона ва мунтазам гузаронида шавад. Яке аз чорабиниҳои муҳими баланд бардоштани қобилияти кори муҳассилин мустаҳкам намудани саломатии онҳо, инкишоф додани малакаҳои ҳаракатӣ ва оммавӣ гардондани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дар ҷомеа дуруст ташкил кардани корҳои варзишию тандурустӣ мебошад. Ба ин чорабиниҳо: гимнастикаи пагоҳирузӣ, гимнастикаи пеш аз дарс, физкултураи дамгирӣ ва фосилавӣ, муташаккилона гузаронидани танаффусҳои калон, соатҳои обутоби баданӣ дохил мешаванд. Варзиш аз васоити асосии рушду такомули ҷисмонии ақлонии инсон ва омили хуби ҳифзи марзу бум аз аҷнабиён аст. Беҳуда нест, ки ба ин бахши фаъолияти худ инсон аз қадим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки варзиш дар ҷомеа хеле тавсеа ёфта, рўз то рўз навъҳои гуногун пайдо кард. Варзиш як бахши муҳаррики ҳаёти инсонҳост. Бояд гуфт, ки тоҷикон ҳамеша ба варзиш чун ба як воситаи обутоб додани бадан ва омодагии ҳарбӣ муносибат мекунанд ва варзишро яке аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлониву хиради худ медонанд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

менамояд. Ӯ нахустин мутафаккирест, ки таърифи машқҳои ҷисмониро ҳаматарафа таҳлил намуда, менависад: “Варзиш ҳаракати иродиест, ки боиси соат ва думом нафас гирифтан бигардад. Ҳар ки мувофиқ шавад то варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, ҳар гуна мулоҳиза бениёз хоҳад шуд, ки ба тақозои бемориҳои моддӣ ва бемориҳои миҷозии аз паси онҳо оянда лозим гардад.” Ҷолиби диққкат аст, ки Сино дар баёни варзиш вазифаи ин илмро дар ташкили рӯҳу ҷисми инсон ба шакли дигар дар таҳзиб ва боломақомии он мебинад. Хулоса, варзиш ба солимию дӯстии тамоми мардуми рӯи олам мусоидат менамояд, ва ба тамоми мардум муроҷиат карда мегӯем, ки ҳамеша, чӣ дар оила, чӣ дар боғчаю мактабҳо ва муассисаҳо, доимо ба варзиш машғул бошанд. Саъдӣ НОРОВ, муовини директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон оид ба таълим, дотсент


10

МАЪРИФАТАФРӮЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Ҳикматҳои Анушервони одил Анӯшервони одил ҳамчун Анӯшервон ва ё Нӯшервон тимсоли шоҳи идеалӣ, одилу раиятпарварест, ки дар адабиёти тоҷику форс ва таърихи ислом машҳур аст. Анушервон подшоҳи 21-уми сулолаи Хусрави 1 (ҳукмронӣ 531-579) мебошад. Мувофиқи маълумоти “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ Анӯшервон ба ҷои падараш Қубод ба тахт нишаста, раиятпарвариро пеша мекунад ва сарварону ҳокимони кишварашро панд дода, онҳоро ба адолатпешагӣ ҳидоят менамояд. Ба халқ сабукиҳо бахшида, ислоҳоти зиёдеро дар хироҷгузорӣ ва корҳои ҳарбӣ мегузаронад. Сарчашмаҳои таърихию адабӣ бузургию одилӣ ва шӯҳрати Анӯшервонро ба вазири оқилу доно ва ботадбираш Бузургмеҳр (Бузурҷмеҳр) нисбат медиҳанд. Маҳз тавассути хиради волои Бузургмеҳр маҳсули андеша ва натиҷаи таҷрибаи зиндагии донишмандони Ҳинд, китоби “Калила ва Димна” ҳамчун ёдгории адабии халқҳои эронинажод ба Эрон оварда ва ба забони паҳлавӣ тарҷума карда шуд. Бузургмеҳр бозии шатранҷ (шоҳмот)-ро аз Ҳинд ба Эрон оварда, тавассути бозии он сирру роҳҳои ҳалли як қатор мушкилиҳоро пайдо кард. Ҳамчунин, худ бозии нардро ихтироъ кард, ки донишмандони замон дар кушодани роҳҳои ҳалли он мушкилӣ мекашанд. Унсурмаолии Кайковус дар ҳикояти чаҳоруми боби ҳафтуми “Қобуснома” дар насиҳат ба фарзанд зикр мекунад, ки “чанд сухани нағзу нуктаҳои бадеъ ёд омад аз қавли Нӯшервони одил, малики мулуки Аҷам ва андар ин китоб ёд кардам, то ту низ бихонӣ ва бидонӣ ва ёд гириву корманд бошӣ. Ва кор бастани ин суханҳову пандҳои он подшоҳ моро воҷибтар бошад, ки мо аз тухмаи он маликем”. Аз ин таъкид ошкор мегардад, ки шаҷараи Унсурмаолии Кайковус ба Анӯшервон мерасад. Дар боби ҳаштуми асараш пандҳои ҳикматомези ӯро меоварад. Дар адабиёти бадеӣ ва халқӣ дар бораи Анӯшервони одил нақлу ривоят ва қиссаҳои ҳикматомези зиёди панду ахлоқӣ мавҷуданд, ки ҳамагӣ моҳияти адлу раиятпарварӣ доранд. Миёни халқ ривояте мавҷуд аст, ки Анӯшервон сараввал панду насиҳат ва ҳикматҳои 23 ҳокими мулки худро ҳамчун дастури раҳнамо ба инобат гирифта, баъд ба давлатдорӣ шуруъ намуда буд. 1. Ҳаргиз саросема набояд шуд. Пеш аз ба коре шуруъ кардан оқибати онро бояд андешид. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Ба ҳарфи кордидагон гӯш диҳед. 2. Беозору раҳмдил бошед. Худро фурӯтан гиред. Тансиҳатиро қадр кунед. Дар назди онҳое, ки аз ғаму ғусса гиря доранд, нахандед. 3. Аз некон ибрат гиред. Аз душманон эҳтиёт бошед. Пеш аз харҷ ҳамёнро аз назар гузаронед. 4. Аз ҳад нагузаред. То метавонед дастгири дармондагон бошед. Дар ҳама ҷо дасту забонро эҳтиёт намоед. Аз кори баду ёри бад барҳазар бошед. Бе дӯст сафар накунед. 5. Аз беилмон илм омӯзед. Аз қарздорӣ ҳазар кунед. Аз каҷраҳон тарсед. 6. Ба касоне, ки моли дунёро ҷону ҷаҳони худ медонанд, насиҳат накунед. Ба пеши мурғи арзанхӯр донаи гавҳар мапошед. 7. Дар пеши гуруснагон хӯрок нахӯред. Ба ҳосили тайёри дигарон айёр набошед. 8. Ба амонат хиёнат накунед. Вақте ки зану шавҳар ба ҳам меситезанд, миёнрав набошед. 9. Ба дигарон бори ғам нашавед. Шармгин бошед. Шармгинӣ ҳуснро мефизояд. 10. Меҳмони нохонда нашавед. Қадри падару модарро донед, то фарзандон ба қадри шумо расанд. 11. Агар ба шамшери забон ноэҳтиёт бошед, вай заволи сари сабз аст. Назди ошною ноошно суханро дониста гӯед. Забон аз носазо нигоҳ доред. Ҳарфи носазо касро байни мардум носазо мекунад. 12. Бо бузургон бузургонона рафтор кунед. 13. То насанҷед, ба лафзи ҳар кас бовар накунед. 14. Дарди худро ба касе гӯед, ки дардошно бошад. 15. Сабру зафар ёрони қаринанд. Рози дил ба ағёр фош насозед, оинаи он розро шикаста ба мардум нишон медиҳад. 16. Бидонед, ки дар дунё то бешарму ҳаё будан тарки дунё намудан афзалтар аст. 17. Ҳамеша ҳоҷатбарор бошед. Чунки рӯзе ҳоҷати шумо ҳам ба дигарон меафтад. 18. Аз дӯстии душман ҳазар кунед. Ин дӯстӣ монанди гулест, ки зери барг хорҳо дорад. 19. Борбардори худ бошед. 20. Чеҳракушо бошед, зеро қадри офтоб аз кушодагии чеҳраи ӯст. 21. Одамро ба як дидан натавон шинохт. 22. Оташ ҳам аз дур гули сурх метобад. 23. Ба одами муносиб хонадор шавед. Донед, ки зану шавҳар ду боли як кабутаранд. Таҳияи Раҷабалӣ САНГОВ

Беҳтарин дӯст китоб аст Инсон чунин офарида шудааст, ки дар тӯли умр бо равишҳои гуногун тағйир меёбад ва ин тобишҳо дар маҷмуъ ба хазинае табдил меёбанд, ки онро таҷриба ва андӯхтҳои рӯзгор меноманд. Ин таҷриба ва андӯхтҳо шаклу муҳтавои тафаккури инсони оянда мегардад. Ҳамаи он ҳодисаву воқеаҳое, ки дар сари инсони пешин омадааст, барои шахси оянда дарси маънавӣ шуда метавонад. Инсони баъдӣ дар натиҷаи бардоштҳо аз зиндагии наслҳои пешин хулоса мебарорад ва андеша мекунад. Ҳамин андеша имкон медиҳад хатое, ки гузаштагони ӯ содир кардаанд, такрор насозад. Ва ин ҳама дар китобҳо дарҷ мегарданд. Аз ин ҷост, ки Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд: Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ихтирои хат дар таърихи башар бузургтарин инқилоб ба ҳисоб мерафт, зеро дарёфтанд, ки бо ин васила метавон хотираро ҷовидонӣ гардонд. Ин воқеан, позаҳре буд ба фоҷеаи нобудии инсон. Баъдтар таҷрибаҳо низ собит карданд, ки ин ихтироъ аз бузургтарин бозёфтҳои маънавии инсон дар тӯли таърихи мавҷудияташ мебошад. Башарият бо ихтирои хат ва шеваҳои китобату китобнависӣ фарҳанги худро ба марҳилаи комилан ҷадиди инкишоф ворид намуд. Акнун ӯ китобро ҳамчун василаи интиқоли маърифату дониш ва хирад аз насл ба насл ва аз як давра ба давраи дигари таърих истифода мебурд. Китобу китобхон дар байни халқи мо ҳамеша эҳтироми баланд дошт ва китобхонадорӣ аз суннатҳои қадимии мост. Ниёгони мо китобро чун дороии маънавӣ ҳифз ва онро аз ҳама ганҷҳо боло мегузоштанд. Ба хотир орем Абӯалӣ ибни Синоро, ки вақте амири Сомонӣ хост ба баҳои муолиҷа ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд, то бароварда созад, ин ҷавони нуздаҳсола истифода аз китобхонаи “Сивон-ул-ҳикмат”ро талаб кард. Сино, Хайём, Берунӣ, Эйнштейн, Нютон, Э. Кант, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар бузургони ҷаҳон дар натиҷаи мутолиаи китоб дар байни мардуми олам шуҳратёр гардидаанд. Хушбахтона, имрӯз низ ҷавонони мо бо шарофа-

ти Истиқлолияти миллӣ дар сар то сари кишвар аз китобхонаҳо баҳраманданд. Имрӯз, агарчӣ василаҳои алтернативии иттилоотӣ, аз қабили шабакаҳои интернет, телевизион ва ғайра густариш ёфтаанд, сафи хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон коҳиш наёфта, баръакс, рӯз то рӯз афзун мегардад. Зеро бар замми хазинаи ғании китобҳо, толорҳои электронӣ, хидматрасонии замонавӣ ва ғайра ба хонандагон имкониятҳои бештарро пешниҳод менамояд. Хонандагон, ки аксарашон ҷавононанд, имкон доранд, тариқи интернет аз китобхонаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ истифода намуда, донишҳои замонавиро аз худ кунанд. Барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ дар китобхонаҳои мамлакат аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабули як қатор қонунҳо дар бораи фаъолияти китобдорӣ амалӣ гардиданд. Қонунҳои мазкур асоси ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

Китобдорӣ фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба ваколатҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешавад. Омадани ҷавонон ба китобхона нисбати солҳои қаблӣ ду баробар зиёд ба назар мерасад, зеро сифати хизматрасонӣ ҷавобгӯи талаботҳои китобдорию иттилоотшиносӣ мебошад. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри хамаи қишрҳои ҷомеа имкони истифода аз толорҳои барояшон лозима мавҷуд аст. Барои мисол метавон толорҳои хониш, толор барои кормандони илм, толори тиббӣ, толори кӯдакон, толори электронӣ, толори хониш барои шахсони маъюб, толори адабиёти хориҷӣ ва ғайраро ном бурд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар баробари муассисаи илмӣоммавӣ буданаш, пеш аз ҳама, муассисаи фарҳангӣ мебошад. Дар ин ҷо бо истифода аз имконоти бинои нав барномаҳои фарҳангӣ, конфронсу семинарҳо, маҳфилҳои адабӣ, ва рӯнамоии китобҳо пайваста доир мегардад. Исмоил САИДЗОДА, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018 Истаравшан. Ин шаҳри бостонӣ, ки як гӯшаи афсонавию биҳиштосои Тоҷикистон мебошад, бо ҳунару ҳунармандони нотакрораш шуҳрати хосса дорад. Навъҳои гуногуни ҳунармандӣ, ки имрӯз бештарашон эҳё гардидаанд, шумораи он дар шаҳри Истаравшан ба 164 адад мерасад. Дар Истаравшан ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили ҳунарҳои заргарӣ, оҳангарӣ, дегрезӣ, мисгарӣ, кордгарӣ, рехтагарӣ, зарробӣ, осиёбтарошӣ, пайкаратарошӣ, гилембофӣ, бофандагӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ, кулолӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, меъморӣ, чармгарӣ, читгарӣ, хоссабофӣ, шоҳибофӣ, карбосбофӣ, дуредгарӣ, сангбурӣ, шонатарошӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ ва наққошӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи он бозгӯкунандаи тамаддуни фарҳангии мардуми тоҷиканд. Имрӯз ҳунарҳое, ки дар шаҳри Истаравшан мавриди амал қарор доранд, дорои таърихи ниҳоят куҳан мебошад. Аз ҷумла, ҳунари читгарӣ. Ҳунари читгарӣ аз ҳунарҳои мардумие мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дошта, он дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Ҳунармандони читгар дар шаҳри Истаравшан то имрӯз ин ҳунари қадимиро зинда нигоҳ дошта, ҳоло низ ба ҳунари мазкур машғул мебошанд. Яке аз ҳунармандони номдори читгар дар ин шаҳр Шароф Саидов мебошад. Бино ба таъкиди Баротбой Ҷумъаев, нозири бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, Шароф Саидов қолабҳои читгариро, ки аз бобокалонҳои худ мерос гирифтаву доиман ба ин ҳунар машғул шуда, баробари фаъоли-

ят намудан, инчунин асрори онро ба фарзандонаш Миразим ва Мирамин меомӯзонд. Аз ин ҷост, ки сӯзанию дастархонҳо, рӯйкаши болишту шоҳтокиҳо бо номҳои “Пахта”, “Офтобӣ”, “Моҳтобӣ”, “Кавкаб”, “Дӯстӣ” берун аз ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар низ шӯҳрати хосса пайдо карданд. Имрӯз фарзанди Шароф Саидов, Мирамин Саидов аъзои Академияи халқии мусавви-

Ҳунарманд Мирзо Мансуров тайи 40-сол аст, ки бо ҳунари мисгарӣ, карнайсозӣ машғул аст. Қаламкории маснуоти мисӣ дар ороиши кӯшку мақбараҳо, мадрасаҳо, ёдгориҳои таърихӣмеъморӣ, алалхусус дар ороиши мақбараи Ҳазрати Бурхи Валӣ дар назди Баршиди ноҳияи Сангвор (Тавилдара) аз тарафи ин ҳунарманд хеле диққатҷалбкунанда мебошад.

шанд, ҳунари карнайсозӣ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонист ва имрӯз дар асоси мактаби “Устод ва шогирд” шӯҳрати хосса дорад. “Усто Мирзо бо тавсияи санъатшинос профессор Н. Ҳакимов аз рӯи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 намуди карнайи Сомониёнро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофи-

рони ҷумҳурӣ буда, идомадиҳандаи ин ҳунари ниёгон мебошад. Дар воқеъ, ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҷанбаъҳои муҳими ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Шаҳри Истаравшан аз замонҳои қадим ҳамчун маркази илму фарҳанг, аз ҷумла ҳунармандӣ шинохта мешавад. Дар баробари рушд ва инкишофи намудҳои гуногуни ҳунармандӣ, имрӯз дар Истаравшан ҳунари мисгарӣ тавъам бо карнайсозӣ шӯҳрати хосса дошта, имрӯз низ шавқмандони худро дорад.

Баротбой Ҷумъаев, нозири бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣфарҳангӣ, иброз медорад, ки “карнай асбоби мусиқии нафасиест, ки асосан аз фулузи биринҷ, баъзан аз мис низ сохта мешавад. Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ хеле маъмул ва машҳур буд. Аммо дар охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI он тақрибан аз байн рафт”. Дар Истаравшани бостонӣ радифи 114 намуди ҳунар, ки имрӯз ҳунармандон ба он машғул мебо-

аи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудааст. Аз ҷумла, усто Мирзо навъҳои карнайи каҷкарнай, буқ, карнайи шикаста, говдум, нафир, шоҳнафир, силсиласадо ва шайпурро аз нав эҳё кардааст. Соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Сарвари давлат ба офаридаи ҳунарҳои усто Мирзо Мансуров сози нафасии миллии тоҷикӣ, аз ҷумла карнай баҳои баланд до-

Дастони пурэъҷоз

Таҷрибаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, ба пешравиҳо комёб шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки ҳунарҳои мардумӣ дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати ҷомеаву мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар шаклу намудҳои гуногун эҷод шуда, то ба имрӯз омада расидаанд. Дар тӯли таърих унсурҳои фарҳангие буданд, ки бо таъсири омилҳои мухталиф аз байн рафтаанд (коғазгарӣ, шишасозӣ, сӯзангарӣ, собунпазӣ ва ғайра) ё тағйири шаклу вазифа кардаанд. Бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён боз ҳам бо ҷойҳои дидани бобу ҳунарҳои волои мардумии хеш собит созем, ки Тоҷикистон кишвари таърихӣ ва дорои фарҳанги бою ғанист.

Ҳунар сармояи гаронест... Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши фарҳанги миллӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шароити мусоидро муҳайё намудааст. Махсусан ба тавсиб расидани “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020” аз сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба фарҳанги миллӣ гувоҳӣ медиҳад. Инчунин, аз мушоҳидаҳои чанд соли охир пай бурдем, ки таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ, махсусан ба ҳунарҳои

мардумӣ зиёд гаштааст. Бояд гуфт, ки муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, ҳам ба рушди сайёҳӣ ва ҳам ба шинохти миллӣ таккони ҷиддие ворид месозад. Касбу ҳунарҳои мардумӣ дар баробари он ки яке аз бахшҳои фарҳанги анъанавии мардуми мост, иқтисодиёти кишварро низ дар бар мегирад. Зеро касбу ҳунар ба эҷод кардан, сохтан ва офаридан марбут аст. Вақте як бонуи гулдӯз сӯзании зебое бо

11

данд”, - афзуд Баротбой Ҷумъаев. Имрӯзҳо устохонаи мисгарӣ ва карнайсозии усто Мирзо Мансуров дар назди бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан чун мактаби ҳунари аҷдодӣ шуҳрат пайдо намуданд. Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла миқёси ҷумҳурӣ карнайҳои сохтаи усто Мирзо Мансуров мавриди истифода қарор доранд. Бино ба гуфти Баротбой Ҷумъаев карнайҳое, ки Мирзо Мансуров офаридааст, чуноне ки мутахассисони соҳаи асбобҳои нафасии мусиқӣ зикр менамоянд, бо марғулаи садо аз дигар карнайҳо тафовут дошта, дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд. Ҳунарманд Мирзо Мансуров Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ӯ инчунин бо сипоснома, ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва бахши фарҳанги Истаравшан қадрдонӣ гардидааст. Алҳол усто Мирзо Мансуров бо фарзандон, пайвандон, шогирдонаш касби пурифтихори мисгарӣ ва карнайсозиро дар Истаравшани бостонӣ идома медиҳанд. Дар ҳақиқат, ҳунар гиреҳкушои кулли мушкилиҳост. Ҳар нафаре, ки ҳунарманд аст, ӯ на танҳо бо фаъолияти хеш зиндагии худро пеш мебарад, инчунин дар рушди ҳунари мазкур саҳми арзанда гузошта, онро ба шавқмандони ҳунари мазкур меомӯзонад. Тасдиқи ин гуфтаро мо дар фаъолияти ҳунармандони шаҳри Истаравшан мушоҳида намудем ва умедворем, ки минбаъд низ ҳунармандони ин шаҳр ҳунарҳои мардумиро зинда нигоҳ дошта, дар рушду таҳкими он саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Беҳрӯзи ҚАЮМЗОД, “ҶТ”

нақшу нигор медӯзад, он маҳсули ҳунарманд ба ҳисоб рафта, аллакай як намунаи фарҳанг эҷод мегардад. Касбу ҳунарҳои мардумӣ хело зиёд буда, аз нисф зиёди онҳо ба боди фаромӯшӣ рафтаю ҷои баъзеашонро техникаву таҷҳизоти нав гирифта, ҳатто дар бораашон мардум огаҳии дуруст надоранд. Рағзабофӣ, читгарӣ, кулолӣ, чармгарӣ, шонасозӣ ва ғайра аз ҳунарҳое ба шумор мераванд, ки дар шароити имрӯза ё аз байн рафта ё камфаъол шудаанд. Шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Балҷувон, Дарвоз аз қадим аз ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ маъмулу машҳуранд. Мероси маънавии тоҷикон хеле бою ғанист. Он дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, мисли табиати Тоҷикистон гуногунранг мебошад. Мусаллам аст, ки ҳар чизе сохта мешавад, аз эҷод аст ва эҷод ин ҳунар аст. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон сарвату дороӣ иваз кардану харидан номумкин аст. Шахси ҳунарманд бошад, чун дарё дорои обест зулолу ошомиданӣ. Гулбаҳор ДАВЛАТОВА, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73-и ноҳияи Синои пойтахт


12 Нахустин муъҷизаи олам дар тамоми давраҳо, аз иморатҳои муҳиму таърихии сайёраи мо, макони пур аз асрору муаммоҳо, маҳалли дӯстдоштаву зиёратгоҳи асосии сайёҳони дунё, ин аҳромҳои Миср, аз ҷумла аҳроми Хеопс, маҳсуб меёбанд. Сохтмони аҳромҳои бузург кори саҳлу осон нест. Шумораи зиёди одамон муддати зиёд заҳмат кашиданд, то сангпораҳои азимро ба пуштакӯҳҳои Гиза ва ё Саккара, баъдан ба водии шоҳон, ки минбаъд қабристони нави фиръавнҳо гардид, кашонанд. Айни ҳол дар Миср садҳо аҳромҳо дарёфт гардидаанд, вале чунин бозёфтҳо боз ҳам идома дораду шумораи онҳо мунтазам меафзояд. Дар замонҳои мухталиф зери мафҳуми 7 мӯъҷизаи олам маҳз ҳамин гуна аҳромҳо фаҳмида мешуд. Зери ин мафҳум нафаре тамоми аҳромҳои Мисрро дар назар дошту дигаре аҳроми наздикии Мемфис ҷойгирбударо ва сеюмӣ бошад, се аҳроми бузургҳаҷми Гизаро. Аммо нафарони беш аз ҳама кунҷкову дақиқназар зери мафҳуми муъҷизаи олам танҳо аҳроми Хеопсро дар назар доштанд.

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ бо ин ном машҳур аст. Сохтмони ин аҳромро Имхотепи афсонавӣ роҳбарӣ мекард, ки тӯли чандин асрҳои минбаъда ӯро худо мепиндоштанд. Ин иморат дар маҷмуъ бо паҳноии 545 ба 278 метр сохта шуда, баландии деворҳояш 10 метрро ташкил медиҳад. Он дорои 14 дарвоза буд, ки танҳо яктои он ҳаққонӣ аст. Дар маркази иморат аҳроми Ҷосер бо паҳноии 118 ба 140 метр, баландии 60 метр ҷойгир шудааст. Тақрибан дар чуқурии 30 метр утоқ барои қабр ҷойгир аст, ки ҳар тараф долонҳои зиёд дорад. Дар долонҳо асбобу анҷом ва қурбониҳо нигоҳ дошта мешаванд. Бостоншиносон дар ҳамин ҷо се адад нақши барҷаста (тасвири муқарнас) – и худи фиръавн Ҷосерро дарёфт намудаанд. Дар назди девори аҳроми Ҷосер 22 ҳуҷраҳои қабрҳои хурд, ки ба

аҳли оилаи подшоҳ тааллуқ доштанд, дарёфт гардиданд. Аҳроми Ҷосер дар муқоиса бо аҳромҳои бузурги Гиза шакли зинамонанд дошта, гӯё барои ба осмон баромадани фиръавн пешбинӣ гардида буд. Албатта, шуҳрату маҳбубияти ин аҳром на ба андозаи аҳроми Хеопс мерасад. АҲРОМИ ХЕОПС ВА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ОН Аҳромҳои машҳури сайёра ин 3 адад аҳромҳои Миср, ки паҳлӯи ҳам ҷойгир шудаанд – Хефрен, Мекерин ва аҳроми баландатрину калонтарини олам – Хеопс мебошанд. Аҳроми Хеопс дар наздикии шаҳри Гиза, ки айни ҳол аз музофотҳои Қоҳира маҳсуб меёбад, бунёд гардидааст. Вақти сохта шудани ин аҳром дақиқ нест,

Аҳромҳои Миср

аммо тадқиқот ва фарзияҳо зиёданд. Масалан, дар Миср санаи оғози сохтмони ин аҳром, яъне 23 августи соли 2480 пеш аз мелод, ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар сохтмони ин муъҷизаи олам – аҳроми Хеопс дар як вақт тақрибан 100 ҳазор нафар ширкат намудаанд. Дар 10 соли аввал роҳҳо сохта шуданд, ки тавассути онҳо тахтасангҳои азим ба таҳхонаи иморатҳои сохташаванда кашонда мешуданд. Корҳои бунёдии худи муҷассама боз 20 соли дигар идома ёфтанд. Андозаи аҳроми Хеопс дар Гиза касро ба ҳайрат меорад. Баландии он нахуст ба 147 метр мерасид. Бо мурури замон, аз сабаби рехтани регҳо ва гум шудани рӯйкашҳо он ба андозаи то 137 метр паст гардид. Вале бо ҳамин андоза низ он солиёни зиёд иморати баландтарин дар дунё маҳсуб меёфт. Аҳром шакли чоркунҷа дошта, барои сохтмони он 2 млн. 300 ҳазор адад

НАХСУСТИН АҲРОМИ МИСР Вақте сухан аз боби аҳромҳои Мисри қадим меравад, мебояд ҳатман аз таърихи онҳо огаҳии комил дошта бошем. Нахустин аҳроми Миср ҳанӯз панҷ ҳазор сол қабл бо ташаббуси фиръавн Ҷосер сохта шуд, ки то ҳол

Инсон то ватанро дӯст надорад, ба арзишҳои он арҷ нагузорад, муқаддасоти онро эҳтиром накунад, чӣ будани ватандориро дарк карда наметавонад. Ватандорӣ гуворотарин ва ширинтарин эҳсос дар инсон мебошад. Махсусан вақте ки аз ватан дур бошем, ин эҳсос ба таври аъло ҳис мешавад. Меҳрона Шарифова, ки берун аз кишвар таҳсил дорад, бо ифтихор аз он ёдовар мешавад, ки дар Донишгоҳи ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар чорабиние фарҳангу ҳунарҳои мардуми тоҷикро ба хориҷиён нишон дода, дар муаррифии он заррае ҳам бошад саҳм гузоштааст. - Он лаҳзаҳои ҳассос ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, вақте ки мо, гурӯҳе

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018 оҳаксангҳои бузург, ки ҳар кадоме ба ҳисоби миёна 2,5 тонна вазн дошт, истифода шудааст. ТАХМИНҲО ДАР АТРОФИ СОХТМОНИ ИНШООТ Технологияи сохтмони ин аҳром дар замони мо баҳсу мунозираҳоро ба миён овардааст. Ақидае вуҷуд дорад, ки он замони дар Мисри қадим ихтироъ гардидани бетон аз ҷониби аҳли ситораи бегона бунёд шудааст. Вале бо вуҷуди ин, чунин ақидае побарҷост, ки аҳром бо дасти инсон ва бо зӯри бозуи ӯ сохта шудааст. Барои ҳосил намудани тахтасангҳо нахуст дар болои харсангҳо шаклҳоро тасвир мекарданд, сипас чуқурчаҳо меканданд ва дар болои онҳо чӯбҳои хушкро мегузоштанд. Баъдтар болои чӯбҳо об мепошиданд ва онҳо васеъ мешуданду дар болои харсангҳо тарқишҳо пайдо мешуд. Сипас қолабҳоро ҷудо карда, то ҳосил шудани шакли даркорӣ тавассути олотҳои махсус коркард намуда, ба воситаи дарё ба маҳали сохтмон мекашониданд. Мисриҳо барои ба боло бардоштани тахтасангҳо аз хоктеппаҳои нишебдор истифода мебурданд. Онҳо ин сангҳои азимро ба воситаи чанаҳои чӯбин кашола карда мебароварданд. Бо вуҷуди истифодаи ин технологияи ба назари мо куҳнашуда онҳо кори худро хеле босифат анҷом медоданд. Тахтасангҳо зичу ҳамвор дар шафати якдигар ҷой мегирифтанд. Доир ба таърихи бунёди аҳромҳои Миср, лабиринт ва домҳои афсонавии онҳо, мумиё ва ганҷҳои ниҳонии онҳо қиссаву ривоятҳо зиёданд. Аммо бигзор ин заҳмати мисршиносон бошад. Барои мо бошад, аҳроми Хеопс ин яке аз иншооти бузургтарини бо дасти инсон тӯли мавҷудияташ бунёдгардида ва албатта ягона иморати аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида боқӣ мемонад. Таҳияи Э. ШАҲЛО, “ҶТ”

Эҳсоси гуворо аз тоҷикдухтарони дар донишгоҳ таҳсилдошта тасмим гирифтем, ки бо рақси тоҷикӣ дар чорабинии ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшидашуда, ширкат варзем, - нақл кард Меҳрона Шарифова. - Албатта, барои мо осон набуд. Чун барои иҷрои ин амал бояд мо устод медоштем, то ки моро омода мекард. Аммо бисёр хоҳиш доштем, ки дур аз кишвар фарҳанги миллиамонро муаррифӣ созем. Ҳамин тавр баъди чанд рӯзи омодагӣ мо дар чорабинӣ иштирок намуда, рақси гулдухтарони тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ намудем. Дар ин чорабинӣ намояндагони давлатҳои Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Намояндагони ҳар давлат ҳунари рақсии миллати худро ни-

шон доданд. Хушбахтона, мо дар байни донишҷӯёни дигар давлатҳо сазовори ҷои аввал гаштем. Шод аз он будем, ки меҳнати мо самар дод. Меҳрона ба он назар аст, ки новобаста аз оне ки дар куҷоем ва чӣ кор мекунем, бояд фарҳанги миллиамонро пос дорему онро ба дигарон талқин ва муаррифӣ созем. Ӯ иброз медорад: “Мо – ҷавонон, ки имрӯз ба тамоми шароит дастрасӣ дорем, ҳар ҷо хоҳем таҳсил мекунем, ҳар ҷо хоҳем кору фаъолият мекунем. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо бояд муҳофизу муаррифгари арзишҳои миллатамон бошему дар ҳама ҷо аз фарҳанги бои худ ёд кунем ва онро ба дигарон муаррифӣ намоем”. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

ТТЭ ҲНИТ “Давлати исломӣ”-и сонӣ Таҳлилгарон бар он назаранд, ки сиёсисозии дин аз ҷониби ашхосу давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардуми оддӣ бо пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ татбиқи амалии худро ёфта истодааст. Аз ҷумла таҷрибаи таъсиси ҳизби динӣ дар кишвари мо ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонони кишвар пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ ба майдони кор омад. Тавре медонем дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ин ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ намуданд. Мардум ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд. Дар натиҷа кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз баҳри гуноҳи ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқӣ мондани ин сарзамини бузург ба наслҳои оянда гузаштанд ва як давраи ободию созандагӣ оғоз шуд. Ба хотири оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ва умед буд, ки онҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба гирифтаанд, ки ҷанг чӣ харобиҳоро меорад. Аммо омӯзиши фаъолияти чандсолаи ҳизб тамоман натиҷаҳои дигарро собит намуд. Дар фаъолияти сиёсии онҳо дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсии эшон истифода бурда мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд минбаъд сарпараст ва пуштибони наҳзатиҳо гардиданд. Маҳз бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ имрӯз кишварҳои абарқудрат низоми сиёсии кишварҳои орому тинҷи мисли Ироқ, Сурия, ва Либияро фалаҷ карда, ба ҷои низомҳои давлатӣ як ҳараҷу мараҷи идеологӣ ва сиёсиро рӯи кор меоранд, ки дар он баъзе ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд. Хусусан имрӯз ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо таъсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ аз доираи давлатдорӣ берун карда, ба ҷои он низоми хилофати исломиро овардаанд. Он даҳшате, ки ТТЭ ҲНИТ дар давраи нави истиқлолият ба гардани мардуми тоҷик оварда буд, хеле бузург буд, вале аз он хулосаи зарурӣ набароварданд. ТТЭ ҲНИТ баъд аз он гӯё сиёсати «сабр ва таҳаммул»-ро асоси барномаи сиёсии худ қарор доданд. Аммо маълум шуд, ки ин «таҳаммул»-и эшон як ҳиллаи навбатӣ буд ва бо фаро расидани шароити мусоид аз он нишон ҳам намонд. Баъд аз хиёнати генерал маълум гардид, ки наҳзатиҳо ҳанӯз дар андешаи ба даст овардани қудрати сиёсӣ буда, аз ин андеша замоне ҳам ҷудо нашудаанд. Вале мардуми шарифу бофарҳанги тоҷик сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст, ки дар айёми тинҷию оромӣ имкон дорад, ки тамоми ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз шахсони ба ном динӣ бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиддӣ мубориза баранд ва дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Содиқ РОЗИҚОВ

13

ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САНЪАТИ СУХАН” МИЁНИ ҶАВОНОН Кумита бо мақсади дарёфти суханварон ва мубаллиғони ҷавон, ки дорои фарҳанги баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, озмуни ҷумҳуриявии “Санъати сухан”-ро миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон менамояд. Дар озмун хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷуёни мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, инчунин журналистон, соҳибкорон, ҳунармандон ва дигар ҷавононе, ки ба корҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ майлу рағбат доранд, метавонанд ширкат намоянд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Санъати сухан” мавзӯҳое, қабул карда мешаванд, ки ба масоили ҷавонон дахл дошта бошанд. Мавзӯи озмун озод буда, мазмуну мундариҷаи он бояд

фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. Иштирокчиён мавзӯҳои худро таҳти унвони «Барои озмун» ба суроғаи электронии diloshub.rozikov@mail.ru ва ё ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Варзишгарон 6) ирсол карда метавонанд. Муҳлати пешниҳод ҷиҳати иштирок дар озмун то санаи 27 апрели соли 2018 муқаррар гардида, ғолибон дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Иштирокчиён барои қироати мавзӯҳои пешниҳоднамудаашон оид ба замон ва макони баргузорӣ иловатан хабардор карда мешаванд. Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Варзишгарон 6. Телефон: 236 37 26; 90 406 60 74 diloshub.rozikov@mail.ru

НИЗОМНОМАИ

озмуни ҷумҳуриявии суханварони ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан» бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” I. Муқаррароти умумӣ 1.1. Низомномаи мазкур тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии эълоннамудаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш- ро барои дарёфти беҳтарин суханвари ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан” муқаррар менамояд. 1.2. Озмун барои дарёфти беҳтарин суханвари ҷавон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш бо мақсади дарёфти суханварон ва мубаллиғони ҷавон, ки дорои фарҳанги баланди сиёсию ҳуқуқӣ мебошанд, баргузор карда мешавад. 1.3. Дар озмун метавонанд: хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷуёни мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, журналистон, соҳибкорон, ҳунармандон ва дигар ҷавононе, ки ба корҳои сиёсӣ майлу рағбат доранд, ширкат намоянд. II. Мақсади баргузории озмун Мақсади баргузории озмун аз инҳо иборат мебошад: - татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; - дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод; - тарбия намудани мафкураи ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҳоҷуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон; - иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа; - ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ; - фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин ин-

кишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон; - баланд бардоштани донишҳои зеҳнӣ ва қобилиятҳои ақлии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои сиёсию ҷамъиятӣ; - тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар; - дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ғайра. III. Талаботи умумӣ оид ба иштирок дар озмун 3.1. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Санъати сухан” мавзӯҳое, қабул карда мешаванд, ки ба масоили ҷавонон дахл дошта бошанд. 3.2. Дар озмун ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ҳуқуқи иштирок ва пешниҳод кардани мавзӯи худро доранд. 3.3. Мавзӯи озмун озод буда, мазмуну мундариҷаи он бояд фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. 3.4. Муҳлати пешниҳоди мавзӯҳо бо сабти овози иштирокчиён дар фитта то 27 апрели соли 2018 муқаррар шудааст. 3.5. Иштирокчиён мавзӯҳои худро таҳти унвони «Барои озмун» ба адреси электронии achilova-8923@mail.ru ва ё ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Варзишгарон 6) ирсол карда метавонанд. 3.7. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа аз вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешаванд. IV. Тартиби ҷамъбасти озмун 4.1. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҷамъбаст мегардад.

4.2. Ҳайати ҳакамон ба доираи мавзуъ, риояи услуб забони тоҷикӣ, имову ишораи суханвар, муқаддима ва хулосагирии мавзӯи суханвар баҳогузорӣ менамоянд. 4.3. Баҳогузорӣ аз рӯи меъёри 5-балӣ гузошта мешавад. 4.4. Аз 1 то 5-уми майи соли 2018 ҳайати ҳакамон мавзӯҳои пешниҳодшударо мавриди омӯзиш қарор дода, иштирокчиёни озмунро муайян менамоянд. 4.5. Баъди омӯзиши мавзӯҳои омухташуда ва суҳбат бо иштирокчиён, рӯзҳои баргузории озмун ва макони баргузорӣ эълон карда мешавад V. Мукофотонидани ғолибони озмун 5.1. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш туҳфаҳои хотирмон тақдим карда мешаванд. 5.2. Ғайр аз ин ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби диплом хоҳанд шуд. 5.3. Ғолибони озмун қаблан оиди таърих, ҷой ва вақти баргузории маросими супоридани мукофотҳо хабардор карда мешаванд. 5.3. Мукофот ва дипломҳо ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад. VI. Муқаррароти хотимавӣ 6.1. Ғолибони озмун ва беҳтарин иштирокчиёни озмун минбаъд ба корҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва омӯзиш дар маҳфили “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ҷалб карда мешаванд. 6.2. Дигар шарту шароити иловагӣ метавонад аз ҷониби ҳакамон бо мақсади дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод роҳандозӣ карда шаванд.

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН барои соли хониши 2018 – 2019 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабули донишҷӯёнро эълон менамояд Ба шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, футбол, гимнастика, намудҳои гӯштин, якҳарбаи шарқӣ, бокс, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва тӯби дастӣ. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11) 3 сол, шуъбаи ғоибона 3 солу шаш моҳро дар бар гирифта, қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Рамзи мо дар Маркази миллии тестӣ - 517 мебошад. Барои онҳое, ки пас аз таҳсилоти асосӣ (синфи 9) ҳуҷҷат месупоранд, имтиҳонҳо бо таври анъанавӣ дар

худи муассиса ба таври шартномавӣ қабул карда мешаванд. Давомнокии таҳсил баъди таҳсилоти асосӣ 4 сол. Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: - ариза ба номи роҳбар; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумӣ, асосӣ); - маълумотномаи тиббӣ (шакли 086У); - 6 дона расми андозаи 3х4; - шиноснома, ҳуҷҷати ҳарбии даъватшаванда; - маълумотнома аз ҷои зист; - тавсифнома. Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: 1. Намуди варзиши интихобнамуда (амалӣ). 2. Тайёрии умумии ҷисмонӣ. 3. Забони модарӣ (нақли хаттӣ).

4. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (даҳонӣ). Ҳуҷҷатҳо аз 1 июл то 31 июли соли 2018 қабул карда мешаванд. Довталабон дар шуъбаи рӯзона аз чунин имтиёзҳо бархурдор буда метавонанд: 1. Ҳангоми таҳсил донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд; 2. Донишҷӯён баъди хатми коллеҷ бе имтиҳон ба курси 2-юми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул карда мешаванд; 3. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Нишонии мо: Шаҳри Душанбе, кӯчаи Авесто 27 (охири хатсайри №52 ва хатсайри № 8). Телефон: 907-14-83-86


14

МАТОЛИБИ ҶОЛИБ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

Нуруллоҳи ОРИФ

КИШВАРИ НУРОФАР Тоҷикистон, кишвари нурофарам, Тоҷикистон, ҳамшабеҳи модарам. Ҳамнавоям мешавад хуршеду моҳ, Ҳар гаҳе номат ба лаб меоварам.

Духтари 1: Хокат ба ду фарқи дида молам Ватанам, Тасвири ҷамоли туст дар пираҳанам. Ҳаст, эй Ватани ба меҳр парварда маро Ширин ҳама дам зи шаҳди номат даҳанам.

Обҳоят қанд, хокат чун зар аст, Кӯҳҳот аз санг, санги мармар аст. Бо туфайли Пешвоят ҷон Ватан, Шуҳратат овоза дар баҳру бар аст.

Бо ҳам: Пирӯз Ватан, салом, шодем зи ту, Дилсӯз Ватан, салом, шодем зи ту.

Ҳар зану мардат ҳунарманд, эй диёр, Эй диёри файзбору зарнисор. Бо базебиҳот дорӣ кишварам, Дар нигоҳи гарми сайёҳон қарор.

Духтари 2: Домони ту аз кафам раҳо нест Ватан, Дур аз ту ба қалби ман сафо нест Ватан. Он гуна ту аз манӣ, ки то ҷон ба тан аст, Ишқат зи муҳаббатам ҷудо нест Ватан.

Шукри Ваҳдат, дошт аз ду дасти ту, Кард рӯзи некро пайвасти ту. Тоҷикистонам, дигар дар баҳру бар Кас намебандад камар бар қасди ту.

Бо ҳам: Пирӯз Ватан, салом, шодем зи ту, Дилсӯз Ватан, салом, шодем зи ту.

РОЗИ МУҲАББАТ Бача: Гулдухтари ҳамсоя, талабгори ту ман, Духтар: Ҳамсоябача, мон, ки шавам ёри ту ман. Бача:

Чун чархи фалак чарх занам аз паи ту, Ҷон садқаи ту, садқаи ту, садқаи ту. Гулдухтари ҳамсояи рухсора чу шир, Шаҳд асту шакар бале, бале, хандаи ту.

Бача: Гулдухтари ҳамсоя, талабгори ту ман, Духтар: Ҳамсоябача, мон, ки шавам ёри ту ман. Духтар: Дар пуштаки дар нишаста пазмони ту ман, Худ бехабарӣ, асири чашмони ту ман. Ҳамсоябача, ба тори сар соя бача, Берун наниҳам пой зи фармони ту ман. Бача: Гулдухтари ҳамсоя, талабгори ту ман, Духтар: Ҳамсоябача, мон, ки шавам ёри ту ман. Бача:

ВАТАН

(Дуэти духтарӣ)

Духтари 1: Бемори Ватан касе, ки дур аз Ватан аст, Дур аз Ватанаш хароб ҷон дар бадан аст. Як умр дар он макон, ки рафт аз назараш, Ширин ба умеди дидани Кӯҳкан аст. Бо ҳам: Пирӯз Ватан, салом, шодем зи ту, Дилсӯз Ватан, салом, шодем зи ту. Духтари 2: Оғӯши Ватан биҳишт бошад ҳамаро, Сармояву сарнавишт бошад ҳамаро. Обаш шакару наботу қанд асту асал, Хокаш сара, баҳри кишт бошад ҳамаро. Бо ҳам: Пирӯз Ватан, салом, шодем зи ту, Дилсӯз Ватан, салом, шодем зи ту.

Чун рӯи ту ҷон, базеб рӯи Ватан аст, Андар Ватанам қанд маро дар даҳан аст. Шодам, ки миёни дӯстонам ҳама ҷо Маҳбубаи ман нигори гулпираҳан аст.

Бача: Гулдухтари ҳамсоя, талабгори ту ман, Духтар: Ҳамсоябача, мон, ки шавам ёри ту ман. Духтар: Гулпираҳанам, дар даҳанам номи Ватан, Пурнур ба мисли субҳ ҳар шоми Ватан. Дар кишвари чун биҳишт садҳо сари сол Ҳамсоябача, ёри ту ман, ёри ту ман. Бо ҳам: Мо ҳарду ба ҳам ошиқ, мо ҳарду ба ҳам ёрем, Шукронаи Истиқлол, рухсора гули норем. Нуриддини Амриддин

ДАЪВАТ Бархез, ба хизмати Ватан рав, Бо изну иродати Ватан рав.

Бар сарҳади хоки поки аҷдод Бо меҳру садоқати Ватан рав!

Мардона қадам гузор, баргӯ: «Лаббайк» ба даъвати Ватан, рав!

Чун модари худ азиз дораш, Аз хотири иззати Ватан рав.

Ҳамчун падарони номвар ту Дар сина муҳаббати Ватан, рав!

Афрӯз ту парчами каёнӣ, То қуллаи ваҳдати Ватан рав.

То кафтари сулҳ пар фишонад, Аз баҳри ҳифозати Ватан рав.

Аз сидқ чароғи дил барафрӯз, Бо роҳи сиёсати Ватан рав.

Аз баҳри дифои халқу кишвар Шаҳбози саодати Ватан, рав!

Бар миллати хеш чун сипар шав, Бар арсаи нусрати Ватан рав.

Меҳроби вафо бидон Ватанро, Бар саҷдаву тоати Ватан рав.

Бархез зи ҷо чу нек фарзанд, Медор ту ҳурмати Ватан, рав!

Лақабгузорӣ - Занак! Ҳо-ой занак! - Ҳа-а! Чӣ ин қадар хурӯсчӯҷаи ҷангара барин доду фарёд дорӣ, мардак?! - Чӣ гуфтӣ? Эҳ-е, муборак шавад, боз ман бароят хурӯсчӯҷаи ҷангара-а? - Хайр, чӣ ҷои бадӣ дорад? Хурӯсро хурӯс мегӯянду мокиёнро мокиён. - Эй занак, беҳтараш ҷаҳламро набиёру гӯй, ки писарат дар куҷост? - Кадом писарам? - Кадом писарат мешуд, писари хурдӣ Шодмон - Чӣ Шодмонро ман аз ягон каси дигар таваллуд кардаам, ки ба ман писарат дар куҷост, гуфта мепурсӣ? - Занак, имрӯз туро намефаҳмам, ба назарам аз даҳонат гапҳоят каҷу килеб мебароянду сафсатахонӣ дорӣ? - Барои он ки аз даҳон гапҳоям каҷу килеб набароянду бароят сафсата нахонам, беҳтараш бо ман хушмуомилаю хушгуфтор бош, фаҳмидӣ мардакҷон?! - Хайр шуд, аз ин рӯз сар карда, танҳо “Ҷони ширин” гуфта муроҷиат мекунам, мешавад? - Ана, ин гапи дигар, мардакҷон! - Ин тавр, ки бошад, пат-патро бас куну писарамон Шодмонро зуд ба назди ман ҷеғ зан... - Лаббай падарҷон, маро ҷеғ задед? - Ҳа, дарози бениёз, дар куҷо будию дар куҷо мегардӣ? - Ба виҷдонам қасам, ки дар хона будам. - Эй мардак, кай ту ҳамин феълу атворатро мепартоию бо фарзандон дуруст муомила карданро ёд гирифта, номи онҳоро бо шикаст намегирӣ? - Ҳа, занак, чӣ гуфтам? - Боз чӣ ҳам мегуфтӣ? Падар шуда ба фарзанди худ чунин лақаб гузорӣ, пас аз атрофиён чӣ гила? - Эй занак, гуфтам-ку, пат-патро кам куну беҳтараш гапро гӯш кун! - Чӣ хел пат-патро бас кунам, ки ҳама атрофиён ба Шодмон дарози бениёз гуфта муроҷиат мекунанд? - Эй занак, дар мактаб ба ҳама лақаб гузоштани писарамон мумкин будаасту... - Нафаҳмидам, боз чӣ хел лақаб? - Канӣ, гап зан? - Чӣ гап занам, падарҷон! - Чаро сабилмонда духтари Зарофиддини қут-қутро кадусар гуфта ном мегирӣ? - Охир... - Бе ҳеҷ хел охиру похир! Чаро номи духтари Сафарбеки шалақаро пахтасеб номидӣ? - Падарҷон... - Бе ягон хел падарҷону ҷону ҷон! Чаро сабилмонда духтари Эсанбойи паканаро ҳапалак ном гузоштию духтари Маҳмадалии чорзанаро... - Падарҷон, илтимос. Як маротиба манро гӯш мекардед. - Хайр, марҳамат, туро гӯш мекунам. Чӣ гуфтан мехости, гап зан, дарози бениёз?! - Охир, вақте ки дигарон ба шумо ва модарам лақабгузорӣ намоянд, пас ман аз онҳо чӣ камӣ дорам? - Чӣ?! Чӣ гуфтӣ, ба ману модарат лақаб гузоштаанд? - Бале, маро писарон дарози бениёз, писари Ҳакиммуроди гӯшлақаи ҳандала ва духтарҳо бошанд, хапаки бачаи олуфтасатанги ғурсума мегӯянд. - Эҳа-а! Ана гапу мана гап. Майлаш, падаратро ҳар чи хоҳанд гуфтан гиранд, лекин чӣ хел мани паризоди чоркас медидагию мешинохтагиро ғурсума мегӯянд?! - Ҳа-а, занакҷон, ана барои ҳамин ба ту гуфтам-ку, пат-патро кам куну зудтар Шодмони писаратро ба назди ман ҷеғ зан, ки то маро ба ҷои Ҳакиммуроди гӯшлақаи ҳандала боз Ҳакиммуроди гӯшдарози хурӯсчӯҷаи ҷангара ном нагузоранд.. Исломиддин ГАРДИЕВ


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018 Ҳар гоҳ вақти холӣ ёбам, ба боғҳои навбунёду зебои шаҳр барои сайругашт меравам. Ҳолатҳое, ки хурсандии кӯдаконро дар оғӯши модаронашон мебинам, лаҳзаҳои хурдсолиам ба ёдам меояд, ки ман ҳам дар оғӯши гарму самимонаи модарам чӣ қадар хурсандӣ ва номи ширинашро садо мекардам. Акнун ин мафҳумро дарк мекунам, ки воқеан, “Тифливу домони модар худ биҳиште будааст”.

Биҳишти рӯйи замин модар аст... Имрӯз, ки аз модарам дурам, танҳо ба воситаи телефон овозашро мешунавам. Мунтазам ёди рӯи ӯро мекунам, ҳар лаҳза аз фироқаш чашмонам пур аз ашк мешаванд, аммо ба худ мегӯям: “Агар ба хона баргардам, ҳаргиз аз пеши модарам дур намешавам. Ҳар лаҳзае, ки модарро бинам, ӯро ба оғӯш мегираму дастони ларзонашро ба чашмони худ мемоламу онҳоро бӯса мекунам. Зеро ин ҳамон дастонеанд, ки фақат барои ба воя расидани ман заҳмат кашидаанду имрӯз меларзанд”. Як шаба он ранҷ ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. Оре, ҳама заҳматҳое, ки модар мекашад, баҳри мост. Моро зарур аст, ки ба қадри модарони худ бирасем, дуои неки ӯро бигирем ва ҳамеша қадамҷои муборакашро бибӯсем. Чун биҳишти рӯи замин модар аст. Абунаср РАҲИМОВ, донишҷӯ

Таронаи модар Модар! Эй нафасҳои гарми зиндагӣ ва эй чароғи пур аз саодату нафосат. Нисорат ҳама муҳаббати дунё, нисорат ҳама достонҳову таронаҳо, нисорат ҳар як сатри пур аз муҳаббати Лоиқи нотакрор. Модари хушназарам ҳар назарам ҳадяи туст Асаре дорам агар он асарам ҳадяи туст Дар фазои абадият пайи парвози дароз Модари муштипарам болу парам ҳадяи туст... Вақте ки танҳо дар канори ту нишаста сарамро ба зонуят мегузораму ту бо дастони латифат сарамро сила мекунӣ, диламро ошиқона тасаллӣ медиҳӣ, аз худ бехуд мешаваму ҷараёни соатро бо чашми фаромӯшӣ менигарам. Ҳангоми дар дунёи орзуҳову хаёлҳоям сайругашт мекунам, овози маҳину рӯҳбахшат гӯшамро навозиш медиҳад... Дар баробари шунидани пандҳои ширину дилнавозат дилам гум мезанад, худамро ончунон хушбахт ҳис

мекунам, ки гӯё дигар ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас маро ғамгин карда наметавонад. Дар ин асно гиря гулӯгирам мекунаду чизе гуфта наметавонам ва ашк аз дидагонам сарозер мешавад. Сахт ба оғушат мекашиву иллати гиряамро мепурсӣ, қалбат аз чӣ андӯҳгин гаштааст? Барои чӣ гиря мекунӣ? Рози дилатро ба ман фош кун то олами даруният тасаллӣ ёбад. Эй мояи умри ман, эй нури дидагонам, ки иллати гиря ва андӯҳи маро мепурсӣ. Замоне, ки дар оғӯши ту ҳастам ва дар оинаи ҷамоли ту нигоҳ мекунам, ҳеҷ касро аз худ хушҳолтар ва саодатмандтар намебинам. Ин гиря гиряи шодист. Модарҷонам, чаро дилат ин кадар софу беғубор аст, ки асло бадиҳо дар дили ту ҷо гирифта наметавонад. Модарҷонам, бароям муҳим нест, ки ман чиро дораму чиро надорам, муҳим ин ки туро дорам. Аз ту дида азизтар ва болотар дигар касеро надидаам. Модарҷонам, нигоҳи ту ягона ҳақиқате аст, ки дар дилам равшанӣ ва умедворӣ мебахшад. Нигоҳи ту

Хотирот аз деҳаи Куҳандиёр Солҳо мегузаранд, аммо барои инсон хотироте ҳастанд, ки бо вуҷуди гузашти вақт фаромӯшношуданианд. Чанд соле қабл ба деҳаи Куҳандиёри ноҳияи Фархор рафта, ба яке аз сокинони он момои Муродгул суҳбати ширине доштам. Бо инсони солманду рӯзгордида суҳбат намудан аҷаб кайфияте дораду ба инсон, махсусан ҷавонон, чун як саҳифаи китоби дарсӣ омӯзанда мебошад. Шавқам боло мегирифту ба момои Муродгул аз ҳар хусус саволҳо медодам. Асрори зиндагӣ, комёбии рӯзгор, шебу фароз ва амсоли онро аз пирони рӯзгордида пурсон гаштан, ба мо даҳҳо паҳлӯи зиндагиро равшан менамоянд. Муштоқӣ ба Куҳандиёру дидорҳо баъди чанд соле боз маро ба он деҳа бурд. Момои Муродгулро боз ҳам хоксору меҳрубон, ширинсухану нармгуфтор, қиссагӯву таҷрибаандӯхтаи зиндагӣ дарёфтам. Кампири нуронӣ, ҳикоягӯву насиҳатгар ва донову меҳрубон аст. Сарбанди сафедаш ба ӯ ҳусн зам мекунад, каломаш дилчаспу гӯшнавозу дилнавоз аст ва нияташ пур аз хайру меҳр мебошад. Синну солаш аз ҳафтод гузаштааст, вале хеле бардам асту худаш дастурхони одии тоҷикона оростан мехоҳад. Шояд андак дағалтар бошад, аммо фикр мекунам, ки бӯи зиндагии асили тоҷикона бештар аз зиндагии одии деҳотиён ба машом мерасад. Қариб даҳ рӯз дар Кӯҳандиёр будам ва ба ин ҳақиқат қоил шудан мумкин аст. Дегдону чакдон, фатиру чаппотии аҷдодӣ, кулчаву ҷурғот, шакаробу қурутоб, куртаву ҷома, тупиву тоқӣ, чакану гулдӯзиҳо ва дигар анъанаҳои аҷдодии тоҷикӣ маҳз дар деҳа ҷилваи бештар доранд. Деҳотиён ба назари ман посдори бештари анъанаҳои миллианд. Аммо барои ман боз ҳам зиндагии момои Муродгул бештар мароқангез аст. Як паҳлӯи аҷибу пурасрори зиндагии момои Муродгул ин ҳунармандии ӯст. Бо ҳунари худ ӯ солиёни дароз таъмини маоши оилаашро ба роҳ гузоштааст.

15

НАВҚАЛАМ

Назар ба қавли ӯ дар оилаашон шаш нафар, панҷ писару як духтар будаанд. Модари ҳунармандаш ягона духтарашро низ ҳунарманд карда буд. Ин дарси модар баъдтар барои Муродгул кор додааст. Модар ӯро устод буду ҳунари азхудкарда баъдтар ӯро дастгиру сабаби рӯзгузаронӣ гаштааст. Вақте Муродгули ҷавон оиладору соҳиби фарзанд мешавад, нахуст барои ҳамаи фарзандони худ либосу ҷиҳози арӯсиву домодӣ омода мекунад. Овозаи ҳунари ӯ дар деҳа паҳн мешавад ва ба ӯ таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Барои аҳли деҳа ҷомаю тоқии гулдӯзӣ, чодару либосҳои арӯсӣ, тоқиву зардӯзию сӯзанӣ, либоси махсус барои шаҳбачаҳои хурдсол, рӯйпӯш ва дастпӯшакҳои гаҳвора, сӯзанию широзаҳо, чодарҳои қуроқӣ, курпачаю болишти куроқию гулдӯзӣ медухту овозаи ҳунараш дар ҳудуди хоҷагиву ҷамоат паҳн гашта буд. Дар он давра қуроқдузӣ ё худ порчадӯзӣ хеле рушд карда буд. Он ба қавле мӯд буд. Аз порчаҳои матоъ нақш офарида онҳоро пайваст менамуданд. Ин амал тариқи дӯхтани резгиҳои матоъ сурат мегирифт. Он солҳо қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошт, ки имрӯз низ онҳо аз байн нарафтаанд. Махсусан либосҳои қуроқӣ ба худ ҳаргуна ҳикматҳоро фаро мегирифтанд. Одамон ақида доштанд, ки гуё ҷомаҳои қуроқӣ бо рангорангиҳои порчаҳо одамро аз балоҳои замину осмонӣ нигоҳ медорад. Онро мӯҷиби барҳам задани чашму ҳасадҳо мешумориданд. Дар рӯзи ҳафтрӯзагии кӯдак модарбузурги кордидаи хона порчаҳои хурди матоъҳоро ҷамъ оварда, бо нияти неки дарозумриву тансиҳатии кӯдак ба ӯ пироҳани хурд дӯхта, то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшониданд. Онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапӯши гаҳвораро ҳатман аз қӯроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифл аз дард наҷот меёбад. Барои хушбахт шудани арӯс барои ӯ чодари қӯроқӣ

медӯхтанд. Барои фаровон шудани ризқи навхонадорон дар назди домоду арӯс дастурхони қӯроқӣ мепартофтанд. Курпаю болиштҳои қӯроқӣ рамзи то охири умр дар бари ҳамдигар буданашон буд. Қуроқдӯзӣ сарҷамъиву муҳаббату дӯстиро ифода мекард. Як хосияти қуроқдӯзӣ он аст, ки дар он танҳо ба як нақшу тасвир афзалият дода намешавад ва ҳама нақшҳову порчаҳо дар як мавқеъ ба назар мерасанд. Бо он сабаб, ки қуроқ силсилаву порчаҳоро ба ҳам оварда як нақши куллро ташкил медиҳад, онро нишони бародариву баробарӣ медонистанд. Момои Муродгул имрӯз низ ҳавасу муҳаббати қуроқдӯзии солҳои пешинро аз дил дур накардааст. Ба келину духтарон ва набераву духтаракони ҷавону ҳунарманд доим талқин менамояд, ки ҳунари бибиҳову модаронро хор накунанд. Ӯ мехоҳад, ки ин ҳунарҳо аз насл ба насл идома ёбанд. Пешрафти замонаро ҳам мефаҳмад, аммо доим як андешаро мегӯяд: «Ҳар як ҳунар ва маҳсули ҳунар хосияту ҳикмат дорад, ки онро аҷдодони мо асрҳо гуфтаанд. Пас мо низ бояд ба дигарон ин асрорро ба мерос гузорем.» Соли 2018 бо ташаббуси Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин иқдоми Роҳбари давлат момои Муродгул хурсанд аст ва чунин мегӯяд: «Президент дарди дили мардумро дарк мекунад. Ҳамчун як фарзанди деҳоту кӯҳистони тоҷик анъанаву ҳунарҳои меросиро қадр менамояд». Аз Кӯҳандиёр бо хотироти нек бармегардам. Суҳбати пирони кору рӯзгордида як ҷаҳон маъниву бардошт доранд. Акнун мефаҳмам, ки ҳар як сӯзану сӯзании аҷдодони мо ҳама рамзу ҳикмат будаанд ва хуб аст, ки имрӯз дар соли ҳунарҳои мардумӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зиёд шудааст. Заррина СОБИРОВА, коромӯзи ДМТ

маро дар олами дигар ба парвоз медарорад. Нигоҳи ту чун партави муқаддасе, ки шабонгаҳ аз дили осмон бар замин тобида ва ба қалби саодатманди шабзиндадорон роҳ меёбад, асрори тираро аз сарам дур мекунад ва рӯҳамро дурахшандагӣ ва сафо мебахшад. Нигоҳи ту, танҳо нигоҳи ту аст, ки заврақи нимшикастаи ҳаётамро аз миёни зиштиҳо мегузаронад. Ишқ, умед, меҳр, муҳаббат, шодмонӣ, саодат... ва саранҷом ҳар чӣ ки ба зиндагӣ зебоӣ ва ширинӣ мебахшад танҳо дар нигоҳи биҳиштосои ту ҷилвагар мегардад. Модарҷони азизам, нигоҳи ту даричаи биҳиштро ба рӯи ман боз мекунад ва он чиро ки дар зиндагӣ намеёбам, дар нигоҳи ту меёбам... Модарҷон, эй фариштаи заминӣ, ту мазҳари зебоию садоқатӣ, ки тамоми хубиҳоро метавон дар номи покат хулоса кард. Давлатнисо ОШУРОВА, коромӯзи “ҶТ”

Самимона бихандем Гоҳе мешунавем, ки мегӯянд “ба эҳсосот дода нашавед”, эҳсосатонро нигоҳ дореду зиёд нахандед”. Аммо чӣ хоҳад шуд, агар ба эҳсосот дода шавему, бихандем, аз таҳти дил, баланду самимона. Одамони калонсол бо гузашти солҳо гоҳгоҳ механданд ва қаҳ-қаҳа мезананд, он ҳам торафт пасттару пасттар. Ҳар қадар инсон солору солхӯрда шавад, хандаи ӯ хаста, як навъ фишорхӯрда мебарояд, мисли он ки ғайри хоҳиш, бо зӯрӣ механдида бошад. Ҳол он ки табибон бо як овоз мегӯянд, ки ҳеҷ чиз мисли хандаи самимӣ дарду ранҷу афсурдаҳолиро табобат намекунад. Аз ин рӯ, бикӯшед, тез-тез ва аз таҳти дил бихандед. Ҳаёт зебост. Агар мо онро бо хандаву шодӣ гузаронем, бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо дар ҳақиқат инсони хушбахт ҳастем. Донишмандони Пажӯҳишгоҳи саломатии Токио, ки паҳлӯҳои гуногунии сиҳатии инсон, асрори ҳаёти дарозумриро тадқиқ мекунанд, дар радифи пешниҳодҳои сершумор, маслиҳат медиҳанд, ки бихандед ва далел меоваранд, ки ҳангоми хандидан мушакҳои ниҳоят зиёд ба кор медароянд, на танҳо мушакҳои рӯй, балки мушакҳои дигари бадан. Ба замми ин, хандидан сабаб мешавад, ки боз ҳам чуқуртар нафас кашем ва ин дар навбати худ боиси дар ҳуҷайраҳо нав шудани захираи оксиген зиёд роҳҳои нафас озод гардад. Дар Амрико ба хотири фориғ шудан аз ташвишҳои рӯзгор маҳфили хандаи шифобахш амал мекунад. Равоншиносони англис маслиҳат медиҳанд, ки дар як рӯз ин давои бепулро камаш 10 дақиқа қабул кунед. Аз назари табиби руҳшинос Петар Бекан дар давоми рӯз занон 13-16 маротиба, мардон беш аз 17 маротиба бояд биханданд. Нависандаи бузург ва руҳшиноси рус Ф.М. Достоевский мегӯяд, ки ба инсон дар лаҳзаҳои хандиданаш нигаред. Хандаи дилкашу самимӣ гувоҳи хубӣ ва сиришти поки инсон аст. Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи соли сеюми факултети журналистикаи ДМТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №15 (9545), 12.04.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

Муҳаббати кӯр-кӯрона

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Ин қиссаи духтаракест, ки ҳамеша худро бадбахту бетолеъ меҳисобид, чунки чашмонаш нобино буданд. Духтарак бо мурури замон тавассути дигар узвҳои худ табиат, муҳити атрофу фазо, ашёҳо ва дигар зуҳуротро омӯхту ба ин одат кард. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ худро маҳкумшуда ва ба ҳама нолозим эҳсос мекарду ҳамеша дар ҳоли ғамгиниву руҳафтодагӣ буд. Ӯ аз хурдсолӣ дӯсти хубе дошт, ки рӯзгори духтаракро зинат мебахшид. Ӯ бо суханони тасаллобахши худ духтаракро руҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгарм мекард: - Албатта замоне нафари хайрхоҳе пайдо мешавад, ки барои ҷарроҳии чашмони ту кӯмак хоҳад кард. Ва ту бино мешавию аз зебоии олами атрофи худ, аз дидори одамони азизу наҷиб лаззат мебарӣ. Духтарак аз шунидани чунин суханҳо хеле хушҳол мешуд ва орзу мекард, ки кош он рӯз ҳарчи зудтар фаро расаду ӯ зебоиҳои ин дунёро, ки дӯсташ бо як ҷаҳон фараҳмандӣ барояш қисса мекард, бо чашмони худ бубинад. Вақте духтар каме калонтар

АСКАР ҲАКИМ

√ САЙҚАЛИ

шуд, пайваста ин суханҳоро ба забон меовард: - Кошки зудтар чашмонам бино мешуданд. Он замон ман дарҳол ба ту ба шавҳар мебаромадам. Ту беҳтарин дӯсти ман, азизтарин шахс барои ман ҳастӣ. Солҳо гузаштанду онҳо бузург шуданд. Ва рӯзе муъҷизае рух дод. Як фонди хайрия барои ҷарроҳии чашмони духтар маблағи калон ҷудо кард. Маълум шуд, ки он писар, яъне дӯсти давраи кӯдакии духтар, солиёни зиёд ба ҳама ширкатҳои хайриявӣ ва ашхоси дорову сарватманд дар хусуси кӯмак расондан ба ин духтар номаҳо менавиштааст. Баъди амалиёти ҷарроҳӣ духтар медидагӣ шуд. Духтар хеле хушҳол буд. Вақте дӯсти ӯ вориди палата шуд, духтар худро ба гарданаш андохта, бо хушнудӣ садо кард: - Ман мебинам, ин хеле эҳсоси аҷиб аст. Ҷавон хеле хушбахт буд, чун ӯ духтарро хеле дӯст медошт ва аз хушҳолии духтар лаззат мебурд. - Акнун ту ба ман ба шавҳар мебароӣ? – пурсид ҷавон. Духтар бошад, ногаҳон эҳсос кард, ки ҷавон хеле боэҳтиёт ва но-

устуворона дар рӯи палата қадам мениҳад ва ашёҳоро бо ангуштонаш мепалмосад. Духтар бо дашҳат дарёфт, ки ҷавон нобино аст. “Охир, чаро ман қаблан дарк накардам, ки ӯ нобино аст? Ва ӯ дигар ба ман чӣ даркор аст? Ман ҷавон ва зебо ҳастам. Ӯ бошад, нобинову маслуқ”, - аз дил гузаронд духтар ва таклифи ҷавонро рад кард. Ҷавон хеле маъюсу озурдахотир баромада рафт, чун асло бовар надошт, ки духтар бо ӯ чунин кирдорро раво бинад. Баъди чанде ҷавон ба духтар номае фиристод, ки дар он чунин навишта буд: “Ман бо вуҷуди ҳамаи ин туро дӯст медорам. Чашмони маро эҳтиёт кун, азизам”. АНДАРЗ: Хеле кам шахсоне ёфт мешаванд, ки рӯзгори пешини худ ва нафарони ҳамеша дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ҳамроҳашон бударо дар хотир дошта бошанд. Дар дунёи пурмоҷаро, миёни некиву бадӣ нафароне ҳастанд, ки наздикони худро дӯст медоранду барояшон заҳмат мекашанд. Чунин нафаронро қадр ва эҳтиёт кунед.

АНДЕША

Дар баҳси файласуфон бештар мағлуб бурд мекунад. Зеро аз он донишаш меафзояд. ******** Пайваста ин суолҳоро пеши назар ор: чӣ мешавад, агар ҳамаи орзуҳоям амалӣ шаванд ё агар амалӣ нашаванд, чӣ мешавад. ******** Марг барои инсон ҳеҷ аст, зеро вақте мо вуҷуд дорем, марг ҳанӯз вуҷуд надорад, аммо вақте марг ҳозир мешавад, мо вуҷуд надорем. Эпикур Ошкоро мегӯям: худоҳоро чашми дидан надорам. ******** Хирадманд касест, ки чизҳои заруриро медонад. ******** Оё аз иттиҳоди нерӯю адолат дида иттиҳоди қавитаре ҳаст? ******** Ҳарчанд зиндагии ман бад аст, ин маънои онро надорад, ки дигаронро дар азоб монам. ******** Хирадманд на он аст, ки зиёд медонад, балки ҳамон аст, ки донишҳояш манфиатоваранд. ******** Барои инсони хушбахт панд додани бадбахт осонтар аст. Эсхил Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

√ ЭЪЛОН

Дипломи гумшудаи ЧТ №0054724, ки онро соли 2013 Коллеҷи касбии информатика ва техникаи компютерии шарҳи Душанбе ба Азамов Қосимҷон Шамсуллоевич додааст, беэътибор дониста шавад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2017 ба донишҷӯи курси якуми факултаи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон Муҳаммадиқбол Ҳурматов додааст, эътибор надорад. Соҳибкори инфиродӣ Ҷабборов Маҳмадшариф Файзиддинович (РМА155207928, РЯМ1230103353), ки соли 2013 дар нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ менамояд. Шиносномаи техникии манзили гумшуда таҳти рақами 0712735, ки онро идораи бақайдгирии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) соли 1977 ба Бибишой Нураева додааст, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4137 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Ҷавонони Тоҷикистон, №15, 2018  
Ҷавонони Тоҷикистон, №15, 2018  
Advertisement