Issuu on Google+

Маорифи

Тољикис тон Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методї

№5 сентябр – октябр 2012


Муассисаи давлатии маљаллаи «Маорифи Тољикистон» Сардабир Шодї ШОКИРЗОДА ЊАЙАТИ ТАЊРИР: Ирина каримова, президенти Академияи тањ­­силоти Тољикистон, доктори илмњои пе­ да­гогї, про­фес­сор, узви пайвастаи Академияи тањ­силоти То­љи­кис­тон. Мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, узви пайва­ стаи Ака­демияи тањсилоти Тољикистон, док­ тори илм­њои пе­дагогї, профессор. Шамсуллоњ ИСЛОМОВ, номзади илмњои пе­ да­гогї. ШЎРОИ МАШВАРАТЇ: Нуриддин САИДОВ, вазири маорифи Љумњурии То­љикистон, доктори илмњои фал­ сафа, профессор. Рањимљон САИДОВ, сардори Хадамоти дав­ латии назорат дар соњаи маориф, номзади илмњои техникї. Абдурозиќ РИЗОЕВ, раиси Кумитаи љумњу­ рия­вии иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илм. Шарифмуроди Исрофилниё, директо­ ри Па­жў­њиш­гоњи рушди маорифи Академияи тањ­си­лоти То­љикистон, доктори илмњои филологї. латофат Назирова, директори Донишкадаи љум­њуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кор­мандони маорифи Академияи тањсилоти Тољи­кистон, номзади илмњои педагогї. Файзулло ПАРТОВОВ, директори Маркази таъ­лимию методии назди Вазорати маориф, ном­зади илмњои педагогї. Њабиб ИСКАНДАРОВ, собиќадори мењнат, ба­ран­­даи љоизаи Президенти љумњурии Тољи­ кис­тон дар соњаи маориф. Мањмудхон ШОЕВ, котиби матбуотии Ва­ зорати маориф.

МУАССИС: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Маљалла аз моњи июли соли 1991 то моњи феврали соли 2006 бо номи «Адаб» 73 шу­мора чоп шуд. Дар таърихи 28-уми июли соли 2006 тањти ра­ ќами 001-3110 дар Вазо­ рати адлияи Љум­њурии То­ љи­к истон аз нав њамчун «Муассисаи дав­латии ма­ љаллаи «Маорифи Тољи­ кис­тон» ба ќайд ги­рифта шудааст. Шумораи №5 (113) Дар маљалла ба хотири гуногунандешї маќолањое низ чоп мешаванд, ки идо­ раи нашрия метавонад бо муаллифон њамаќида на­бо­ шад ва масъулиятро ба дўш нагирад. Идора маводро дар њаљ­ ми то 8 сањифаи компю­ терии њарфи андозаи 14-и Times New Roman Tj ќабул менамояд. Чопи матолиби нашрия бо нишон додани манбаъ ва ирсоли њатмии нусхаи он ба идораи маљалла мумкин аст.

Дастхат ва суратњо ба муал­лифон баргардонида на­мешаванд.


Ф Е Њ Р И СТ И М А ТО Л И Б ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ Абдусамад Муллоев. Наќши иљлосияи сарнавиштсоз дар тањкими рушди соњаи маориф........................................................................4 Латофат Назирова. Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олї - оѓози вањдати миллии тољикон.............................................................................. 16 Тољинисо Нормуњаммедова. Аз Ќасри Арбоб то Кохи Миллат.................... 19 Назир Њољиев. Иљлосияи сулњофар.................................................................. 22 Сайфуллоњ Мањкамов. Воќеаи бузург дар авроќи таърих............................. 24 Њадяи сарнавишт Мамадшо Илолов. Иљлосияи таќдирсоз ва дурнамои рушди илми бунёдї.................................................................................... 27 Кароматулло Олимов. Наќш ва ањамияти Иљлосияи ХYI-уми Шўрои Олї дар таъмини сулњ ва вањдати миллї дар Тољикистон............................................................................... 33 Фозил Тоњиров. Омили рушди ќонунгузории миллї дар кишвар................. 41 ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН Давлат Имомназаров. Мавќеи таълими равиявї дар таркиби омўзишу парвариш......................................................................... 49 КОШОНАИ МЕЊР Шодї Шокирзода. Роњнамои беѓарази ањли маориф..................................... 60 БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ Салоњиддин Амонї. Сухан бишнаву бењтарин ёд гир..................................... 65 МИНБАРИ ТАЉРИБА Ойиша Мањмадќулова. Як дарси намунавї аз адабиёт дар синфи 5-ум барои тарбияи унсурњои тањаммулгарої............................. 70 НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ Љамила Њакимова. Вањдат њадяи таќдири неки мост..................................... 74 Хосият Миралиева. Теъдоди муассисањои томактабї меафзояд.................. 77 Муњаммадљони Шодї. Љамъбасти озмуни «Соњибватан»............................. 79


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Абдусамад МУЛЛОЕВ, сардори Раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, доктори илми филология

НАЌШИ ИЉЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ДАР ТАЊКИМИ РУШДИ СОЊАИ МАОРИФ

Соњаи маориф дар љумњурї яке аз соњањои афзалиятнок мањсуб ёфта, аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчун омили муњимтарини наљоти миллат ва тањкими давлат арзёбї шудааст. Дар даврони нобасомонињои солњои навадум ва оѓози асри XXI соњаи маориф дар баробари ба мушкилоти зиёд рў ба рў гаштан давраи ислоњотро аз сар гузаронид. Аз љумла номукаммалии наќшаву барнома, китобњои дарсї ва маљмўањои таълимию методї, усул ва шевањои тадрис, њамкории заифи оила, мактаб ва љомеа ва сатњи нокифояи донишњои педагогию психологии волидайн ва ањли љомеа, сатњи пасти тарбияи кадрњои омўзгорї, муносибати беэътиноёна ба њифзи давлат ва арзишњои маънавї, саркашї аз 4

хизмати њарбї, пастравии арзиши маълумот, бекорї, муњољирати мењнатї, аз тањсил дур мондан ва ба мењнати маљбурї даст задани мактаббачагон, беэњтиромии фарзандон аз љониби волидон, афзоиши эњсоси ташвишовари љомеа дар телевизион, радио ва дигар васоити ахбори умум, тарѓиби зўроварї, сарватмандї, таъсири гурўњњои идеологии иртиљої, мазњабњои тундрави таассуботи динї, фањмиши ноустувори ѓояњои миллї, фарњангї, истифодаи интернет бо њадафњои ѓайриахлоќї, коњишёбии гуфтору рафтор ва кирдор, ноќисии нутќ, ришвахорї, фасод ва ѓайра ба низоми тањсилот таъсири манфї гузошт. Баъд аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї ва соњибистиќлол гаштани љумњурї, нобасомонињои солњои 1991-1992 ва оќибатњои баъдинаи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

он соњаи маориф новобаста аз мушкилоти зиёд фаъолият кард ва тадриљан рушду нумўъ ёфта, устувор гашт. Аз љумла, ќабули як ќатор њуљљатњои меъёрию њуќуќии марбут ба соња ва иштироки хонандагони муассисањои таълимї дар озмунњои ватаниву байналмилалї ва дигар чорабинињои дохиливу хориљи кишвар самарии хуб ба бор овард. Соли 1991 дар Љумњурии Тољи­ кистон 944 муассисаи томактабї мављуд буд, ки аз ин шумора 553 адад дар шањрњо ва 391 адад дар дењот фаъолият мекарданд. Фарогирии умумии кўдакон дар соли 1991 141496 нафарро ташкил медод, ки аз ин 106807 нафар ба муассисањои томактабии шањрї ва 34689 нафар ба муассисањои томактабии дењот рост меомад. Айни замон дар љумњурї 494 муассисаи томактабї бо фарогирии 67864 нафар кўдак ва 711 маркази инкишофи кўдакон бо фарогирии 14796 нафар кўдакон фаъолият менамоянд. Яъне дар тамоми љумњурї њамагї 10 фисади кўдакон ба таълим дар муассисањои таълимї фаро гирифта шудаанд. Бо маќсади барќарор ва баргардонидани муассисањои томактабї ва рушди минбаъдаи онњо бо ќарори Њукумати Љумњурии То­ љикистон аз 31.10.05, № 395 «Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии рушди соњаи томактабї дар «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Љумњурии Тољикистон барои сол­ њои 2006-2010» ба тасвиб расид. Амалї намудани барномаи мазкур имконият дод, ки назорату роњбарї ба фаъолияти муассисањои томактабї ва њамзамон расонидани ёрии методї ба мудирон, мураббияњои боѓчањои бачагон ва мутахассисони шўъбањои маорифи шањру ноњияњо бењтар гардад. Бо ќабул гардидани «Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти томактабї» (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31.08. 2007, № 433), «Стандарти давлатии тањсилоти томактабї» (ќарори Њукумати Љумњурии То­ љикистон аз 2-юми июли соли 2009, № 388), «Барномаи таълимии кўтоњмуддат барои омодагии кўдакони синни 5-7-сола» (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, соли 2009), «Дастуруламали намунавии Маркази инкишофи кўдакон» (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 1-уми декабри соли 2009, № 18/7) ва дањњо маводи таълимию дидактикї барои кормандони муассисањои томактабї тањия ва чоп гардид. Боиси хушнудист, ки дар Љум­ њурии Тољикистон нахустин маљал­ лаи методию маърифатї - «Субњи умед» барои кўдакистонњо ба табъ расида, мутахассисони соњаро бо усулњои нави таълим, идоракунии муассисањои томактабї, роњњои инкишофи тафаккури интиќодию 5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

мантиќии кўдакони синни томак­ табї тавассути фаъолиятњои гуногуни тарбиявию таълимї шинос менамояд. Дар њаёти кўдаки имрўза теле­ визион, компютер, видео, аудиоп­ паратњо мавќеи хоса доранд ва ба дараљаи инкишофи аќлию зењнї, шавќу раѓбати донистагириаш таъсири муайян мерасонад. Вазифаи кўдакистон дар ин љода ба кўдакон дониш, мањорату малакањои муайян додан, њозирљавобї, њушёрию зиракї ва дигар сифатњои аќлию зењнии онњоро мукаммал сохтан аст, ки њамаи ин дар тањсилу тадриси минбаъдаи кўдакон дар мактаб хеле заруранд. Имрўз дар раванди таълиму тарбия усулњои фаъол ва инклю­ зивї бояд љорї гарданд. Бо гузашти ваќт љањонишавии ин раванд ба мушоњида мерасад. Вобаста ба љорї намудани барномањои ин­ кишофи ибтидоии кўдак аз тарафи ташкилоту институтњои бай­ налмилалї барномањои «Ќадам ба ќадам» ва «Аз кўдак ба кўдак» амалї мегарданд. Айни њол дар љумњурї 18 кўдакистон бо усули «Ќадам ба ќадам» фаъолият менамоянд. Истифодаи барномаю усулњои нав тањсилоту тарбияи кўдаконро чи аз љињати љисмонї, чи аз љињати зењнию фикрї ва нутќ инкишоф дода, барои тайёр намудани онњо ба мактаб замина фароњам меоварад. Тибќи ин барнома барои таълиму тарбия дар 6

гурўњњо шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Гурўњњо бо мизу курсї, љевонњо барои таљњизот ва бозичањо, китобњои суратдор ва нодир (Энсиклопедияи кўдакона, Энсиклопедияи фаслњои сол, аф­ сонањо ва њикояњо ��ар бораи њай­ вонот, бозичањо (лото, домино, мозайка) таъмин карда шудаанд. Айни њол дар љумњурї 17 муассисаи томактабии хусусї фаъолият менамояд, ки аз ин 13 адад дар шањри Душанбе, 2 адад дар вилояти Суѓд, 2 адад дар шањри Кўлоби вилояти Хатлон мебошад. Шумораи умумии тарбиягирандагон дар онњо 567 нафарро ташкил медињад. Баргузории курсњои такмили ихтисос, озмунњои касбии «Мудири сол», «Кўдакистони сол», «Мураббии сол» ва пањн намудани таљрибаву фаъолияти пешќадам буд, ки сатњи таълиму тарбия ва омода намудани кўдакон ба мактаб дар кўдакистонњо натиљаи судманду ибратбахш дода истодааст. Дар љараёни машѓулиятњои курсњои такмили ихтисос шунавандагон бо моделњои нави тарбияю таълими томактабї, назорату роњбарии фаъолияти муассисањои томактабї тибќи њуљљатњои меъёрию њуќуќии соњаи томактабї, методикаи гузаронидани машѓулиятњо дар кўдакистонњо бо истифодаи технологияи нави њозиразамони таълим шинос шуданд.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Бо маќсади рушди соњаи тар­ бияи томактабї бо ќарори Њуку­ мати Љумњурии Тољикистон аз 4.11.2011, № 457 «Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии рушди соњаи томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20122016» ва фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 28.10.2011, № 2807 ба тавсиб расида, дар робита ба он наќшаи чорабинињои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањия ва дастраси раёсат ва шўъбањои маорифи вилоят, шањру ноњияњои љумњурї гардонида шуд. Дар амал татбиќ намудани барномаи мазкур имконият медињад, ки назорату роњбарї, фаъолияти муассисањои томактабї ва њамзамон, расонидани ёрии методї ба мудирон, мураббияњои кўдакистонњо ва му­т ахассисон бењтар гардида, шакл­њо ва усулњои нави таълими то­мактабї дар кўдакистонњо таъмин ва сифати таълиму тарбия дар кўдакистонњо баланд гардад. Соли хониши 1991-1992 миќдори муассисањои тањсилоти умумї 3179 адад буда, аз ин шумора 614 мактаби тањсилоти ибтидої, 634 мактаби тањсилоти умумии асосї, 1916 мактаби тањсилоти умумї, як гимназия ва 14 мактаб-интернат барои кўдакони гирифтори иллати рўњї ва љисмонї фаъолият мекард. Шумораи омўзгорон бошад, дар соли тањсили 1991-1992 дар љумњурї 95000 нафарро ташкил «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

медод, ки аз ин шумора 76,6 њазор нафар дорои тањсилоти олї, 4,8 њазор нафар дорои тањсилоти олии нопурра, 14,1 њазор нафар дорои тањсилоти миёнаи омўзгорї ва 4,3 њазор нафар дорои тањсилоти миёнаи умумї буданд. Теъдоди хонандагон дар соли тањсили 1991-1992 дар љумхурї 1310200 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумора 537,0 њазор нафар ба зинаи аввали тањсилот, 602,6 њазор нафар ба зинаи дуюми тањсилот 167, 0 њазор нафар ба зинаи сеюми тањсилот, 15,2 њазор нафар ба муассисањои тањсилоти умумии ѓоибона ва шабонаи таълим ва 3,6 њазор нафар ба мактаб-интернатњо барои кўдакони ятиму бепарастор ва кўдакони оид ба шумораи хонандагони муассисањои тањсилоти умумї аз рўйи зинањои тањсил гирифтори иллати рўњї ва љисмонї рост меояд. Дар соли тањсили 2011-2012 дар љумњурї 3785 муассисаи тањсилоти умумї фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 547 мактаби тањсилоти ибтидої, 706 мактаби тањсилоти умумии асосї, 2532 мактаби тањ­ силоти миёнаи умумї ва 7 мактаби ѓоибона мебошад. Зимни муќоиса дар ин давра миќдори мактабњо 606 адад, аз љумла 67 адад мактаби тањсилоти ибтидої, 72 адад мактаби тањси­ лоти умумии асосї ва 616 адад мактаби тањсилоти миёнаи умумї 7


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

зиёд шудааст. Дар маљмўъ 755 мактаб дар љумњурї зиёд гардидааст. Дар замони Шўравї ягон мак­ табњои типи нав, хусусї ва ѓайри­ давлатї амал намекард, имрўз бошад, дар љумњурї 161 муассисаи типии нав, аз љумла 87 гимназия (61 гимназияи давлатї, 68 гимназияи ѓайридавлатї), 60 литсей (53 литсейи давлатї, 7 литсейи ѓайридавлатї) ва 14 мактаби ху­ сусї бо фарогирии 74704 нафар хонанда (24112 нафар духтар) фаъолият доранд, ки 4,7%-и шумораи хонандагони мактабњои тањсилоти умумии љумњуриро ташкил медињанд. Хамчунин дар ин давра мактабњои Президентї барои хонандагони болаёќат дар шањрњои Душанбе, Чкалов (вилояти Суѓд), Хоруѓ, ноњияњои Бохтар, Данѓара ва Мактаби байналмилалии Президентї бунёд ва мавриди истифода ќарор дода шуданд. Дар ин робита бањри иљрои дастуру супоришњои Президенти кишвар мўњтарам Эмомалї Рањмон аз љониби Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон як ќатор санадњои меъёрию њуќуќии марбут ба соња ќабул гардид, ки бешак, ба раванди босуръати рушди соњаи маориф мусоидат мекунанд. Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон бо маќсади дуруст ба роњ мондани низоми тањсил дар муассисањои таълимии типи нав силсилаи њуљљатњои меъёрию њуќуќї, аз ќабили “Низом8

номаи намунавии муассисањои таъ­л имї барои хонандагони болаё­ќат” (ќарори Њукумати Љум­ њурии Тољикистон аз 28.07.09, № 427), “Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии ѓайридавлатї (хусусї) дар Љумњурии Тољикистон” (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 02.07.09, № 387), “Низомномаи литсей дар Љумњурии Тољикистон” (ќарори мушовараи Вазорати ма­ орифи Љумњурии Тољикистон аз 27.12.2008, № 23/49), “Низомно­ маи гимназия дар Љумњурии То­ љикистон” (ќарори мушовараи Ва­зорати маорифи Љумњурии То­ љикистон аз 27.12.2008, № 23/49), “Дастури тартиби ќабули хонандагон ба литсейњо (мактабњо, гимназияњо)-и Президентї барои хонандагони болаёќат ва тартиби таъйини директорон ва гузаронидани озмуни ќабули мувинони директор, муаллимон, сармураббї, мураббиён ва кормандони ёрирасон ба литсейњо (мактабњо, гим­ назияњо)-и Президентї барои хо­нандагони болаёќат” (ќарори му­ш овараи Вазорати маорифи Љумњурмии Тољикистон аз 30. 09.2010, № 14/4), «Низомномаи созмонњои талабагии муассисањои таълимии (мактабњои) маълумоти умумии Љумњурии Тољикистон» (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 26-уми феврали соли 1999, № 215) тањия ва ќабул намуд. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Соли 2008 мактабњои ѓоибона (ба истиснои мактабњои ѓоибона барои хонандагони аз љињати љис­монї имконияташон мањдуд) барњам дода шуда, фаъолияти онњо ба ихтиёри мактабњои тањсилоти миёнаи касбї дода шуда буд. Акнун зарурати кушодани мактабњои ѓоибона боз ба миён омад ва низомномаи он тањия шуда, тасдиќ гардид. Айни њол бо назардошти ба роњ мондани масъалаи маб­ лаѓгузорї онњо ба фаъолият шурўъ менамоянд. Соли 2012 шумораи умумии хонандагон дар муассисањои тањ­ силоти умумї 1702313 нафар (аз љумла, духтарон 801951 нафар)-ро ташкил медињад ва дар муќоиса бо соли 1991 392113 нафар кўдак бештар ба мактаб фаро гирифта шудааст. Дар соли тањсили 2011-2012 теъдоди омўзгорон дар љумњурї 94685 нафар буда, 53148 нафарро занон ташкил медињанд. Аз ин шумора 61030 нафар дорои тањсилоти олї, 5362 нафар дорои тањсилоти олии нопурра, 23819 нафар дорои тањсилоти миёнаи касбї, 4393 дорои тањсилоти миёнаи умумї мебошанд. Яъне дар муќоиса теъдоди омўзгорон 315 нафар зиёд гаштааст, вале сифати касбї ва натиљанокии кори онњо моро то њанўз ќонеъ намекунад ва сари ин масъала андеша ва чораљўї бояд намуд. Дигаргунињои сиёсї, иќтисодї, идеологї ва сохти давлатї, ки дар асоси принсипњои «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

демократї дар љумњурї бунёд гардидаанд, ба љањонбинии насли наврас бетаъсир намонданд. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3-юми марти соли 2006, № 94 “Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон» ба тасвиб расида, барои иљрои доимии он наќшаи чорабинињои Вазорати маориф мураттаб ва тасдиќ гардид. Бањри пешгирии њуќуќвай­рон­ кунї ва дигар амалњои номат­луб дар байни хонандагони муас­ сисањои тањсилоти умумї, тарбия намудани њисси баланди ва­т андўстї, инсондўстї, ќарзи шањр­вандї, муносибати бошуурона ба моликияти љамъиятї ва њимояи њуќуќї, инчунин љалб намудани онњо дар ташкил ва таъмин намудани тартиботи љамъиятї дар ин муассисањо, њамчунин му­ вофиќи талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3-юми марти соли 2006 тањти № 94 «Дар бораи тасдиќи Консепсияи мил­ лии тарбия дар Љумњурии То­ љикистон» «Низомномаи созмони «Дўстони навраси милитсия» дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон» бо фармони ду љониб - вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ва вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон аз 6.04.2010, № 310 ба тасвиб расид. Низомномаи мазкур имконият фароњам меорад, ки худи хонандагон дар пешги9


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

рии љинояткорї миёни њамсолони худ сањм гузошта, барои амалї гардидани Консепсияи миллии тарбия, баланд гардидани њисси масъулиятшиносї ва дарки волоияти ќонун масъулияти бештарро эњсос намоянд. Ба хотири танзими кори таълиму тарбия ва амалї гардидани дастурњои Президенти Љумњурии Тољикистон зимни вохўрињояшон бо кормандони соњаи маориф бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 03.07.2010, № 14/3 “Дастуруламали либосњои тавсиявии хонандагони мактабњои тањсилоти умумї” ба тасвиб расида, дастраси њамаи муассисањои тањсилоти умумї гардонида шуд. Бояд таъкид намуд, ки ин дастуруламал наќши муњиме дар тарбияи маданияти либоспўшї ва эстетикии хонандагон бозид. Тамоми он нобаробарињо, ки миёни хонандагон вуљуд доштанд, аз байн рафта, шароити мусоиди таълимиву тарбиявї дар мактабњо фароњам омад. Истифодаи бенизоми телефон­ њои мобилї дар мактаб аз љо­ ниби хонандагону омўзгорон зарурати манъи пурраи истифодаи телефонњои мобилиро дар муассисањои тањсилотї ба миён овард. Бо фармонњои вазири м��орифи Љумњурии Тољикистон аз 07.10.2006 ва 2.06.2009 (№ 1016) истифодаи телефонњои мобилї дар мактаб ќатъиян манъ карда шуд. 10

Ин фармон дар роњи ба низом даромадани истифодаи телефонњо аз љониби хонандагону омўзгорон шароит фароњам оварда, барои истифодаи мадании онњо хориљ аз мактаб замина ба бор овард. Масъулияти риоя намудани фармони вазири маориф онњоро водор намуд, ки истифодаи телефонњоро дар мактаб аз љониби омўзгорону хонандагон ќатъ намоянд. Ба хотири дар њолати зарурї дарёфт намудани телефон ва тамос гирифтан бо хонаводањои хонандагон дар доираи ин фармон роњбарони мактабњо муваззаф гардидаанд, ки нуќтаи телефони симдорро барои хонандагону омўзгорон дар мактаб насб намоянд. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30-юми июни соли 2007, № 347 «Низомномаи намунавии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар Љумњурии Тољикистон» ба тасвиб расида, дар доираи љањонбинии нав ва меъёрњои баланди тањсилоти олами башарї нигоњубин ва таълиму тарбияи кўдакони ятиму бепарастор, кўдакони аз љињати љисмї ва рўњї нуќсдошта ба роњ монда шуд. Њамчунин дар доираи талаботи кунунии пешрафти кишвар зарурати аз нав тањия ва тасдиќ намудани “Низомномаи намунавии интернати наздимактабї дар Љумњурии Тољикистон” ба миён омада, бо ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 31-уми октябри «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

соли 2009, № 16/23 ба он таѓйиру иловањо ворид карда шуд. Ба хотири ба танзим даромадани кори тарбия дар муассисањои тањсилоти умумї дар давоми панљ соли охир зиёда аз 40 фармони вазири маориф ба тасвиб расида, нисбат ба њар як чорабинии љумњуриявї амру фармонњои вазири маориф тањия ва ба муас­ сисањои тањсилоти умумї дастрас карда шудаанд. Махсусан дар мавсими бањорї сањм гирифтани хонандагон дар сарсабз намудани мањал, ба аёдати иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї рафтани хонандагон, пешгирї намудани одатњои номатлуб аз ќабили тамокукашї, нашъамандї ва беморињои таксоманї, манъи истифодаи телефонњои мобилї ва дафтарњои суратдор дар мактаб, бе машѓулият намондани кўдакон дар мавсими таътилњо, озмуни китобхонї ва машќи хатро миёни хонандагон ба роњ мондан аз он масоиле њастанд, ки тавассути амру фармонњои вазири маориф барои амалї шудан таъкид гардидаанд. Соли 1991 теъдоди муассисањои интернатї 41-то буда, аз ин шумора 5-тои онњо маќоми љумњуриявї доштанд. Имрўз дар љумњурї 76 мактаб-интернат фаъолият намуда, 13-тои онњо маќоми љумњуриявї доранд. Соли хониши 2011-2012 мактаб-интернатњо 10506 нафар (аз љумла, 2352 нафар духтар)-ро «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

ба таълиму тарбия фаро гирифта, 317 нафар ятим, 2491 нафар бепадар, 498 нафар бемодар, 3255 нафар аз оилањои камбизоат, 2336 нафар маъюб ва 340 нафар онњое мебошанд, ки дар мањалли зисташон муассисањои тањсилоти умумї фаъолият намекунанд. Вазъи таъминоти молиявї, моддию техникии мактаб-интернатњо њамасола зери назорати бевоситаи Сарвари давлат мўњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дошта, дар як сол ду маротиба аз љониби эшон ба онњо кўмакњои зиёде аз ќабили маводи хўрока, либос, пойафзол ва кўмаки техникию молиявї расонида мешавад. Мутаассифона, сифати таълим ва сатњи дониши тарбиягирандагон дар ин таълимгоњњо њанўз ба талабот љавобгў нест. Бо маќсади ба низом даровардани фаъолияти мактаб-интер­ натњо соли 2007 бахши мактабинтернатњо ва тањсилоти иловагї ташкил карда шуда, “Низомно­ маи намунавии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар Љумњурии Тољикистон” бо ќа­рори Њукумати Љумњурии Тољи­кистон № 347, аз 30.06.2007 тас­диќ гардид. Дар ин замина ни­зом­нома ва оинномањои њамаи мактаб-ин­ тернатњои маќоми љумњу­рияви­ дошта аз нав тањия ва тасдиќ карда шуда, оинномањои онњо дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуданд. 11


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Бори аввал пас аз солњои 80уми асри 20 наќшањои таълимии мактаб-интернатњои махсус дар љумњурї тањия гардид ва ба он як ќатор таѓйироти љиддї ворид карда шуд. Аз љумла имкон дода шуд, ки таълим на дар синфи 10 анљом ёбад, балки имкон дорад то синфи 12 идома ёфта, ба хонандагони аз љињати љисмонї имконияти мањдуддошта, вале дорои ќобилияти хуби азхудкунии дарс, ки дониши хуб гирифтаанд, њуљљати хатм дода шавад. Бори аввал пас аз 25-30 сол бо таъкиду кўшишњои Вазорати маориф соли 2009 ба номгўи маводи хўрокаи тарбиягирандагони мактаб-интернатњо аз љониби Институти озуќаи назди Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон таѓйирот ворид карда шуд, ки мувофиќ ба синни тарбиягирандагон буда, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст. То соли хониши 20082009 аз мактаб-интернатњо барои кўдакони ятим ягон нафар дар олимпиадањои фаннї, бахусус даври љумњуриявї, ширкат намеварзид ва ба ягон љои сазовор соњиб намешуд. Соли хониши 2011-2012 беш аз 60 нафар тарбиягирандагон дар олимпиада ширкат варзида, 21 нафар то даври љумњуриявї баромаданд ва 3 нафар дар даври љумњуриявї соњиби медал гаштанд. Соли 2010 тамоми муассисањои тањсилоти умумии љумњурї ба 12

маблаѓгузории сарикасї гузаштанд ва вобаста ба ин харољоти иловагиро, ки ба шумораи иловагии хонандагон алоќаманд мебошад, муайян кардан мумкин аст. Танњо дар чор моњи соли 2011 ба ин маќсад 4.7 миллион сомонї ба таври ба таври илова ба наќша гирифта мешавад. Маблаѓи мазкур пеш аз њама барои пардохти музди мењнати омўзгорон (2,5 њазор нафар ва ё зиёда аз 4 њазор ставкаи таълимии иловагї) ва дигар харољоти зарурї (хољагидорї, коммуналї, таъмири љорї) равона карда мешавад. Дар соли 2012 маблаѓи мазкур барои 12 моњ лозим аст, ки 18,9 миллион сомониро ташкил медињад. Барои љо ба љо намудани шумораи иловагии хонандагони синфи 10 зиёда аз 45000 љойи нишасти иловагї ва ё сохтмони 865 синфхонаи иловагї (дар сурати дар ду баст тањсил намудан) лозим аст, ки барои сохтмони онњо зиёда аз 26 млн. сомонї зарур мебошад (сохтмони як синф 30000 њазор сомонї арзиш дорад). Шумораи иловагии хонандагон ба китобњои иловагї эњтиёљ доранд (900 000 нусха), ки харољоти чопи онњо наздик ба 5 млн. сомонї баробар аст ва ин маблаѓ аз њисоби гардиши фонди иљораи китобњо пайдо карда мешавад. Дар давраи истиќлолияти Љум­ њурии Тољикистон се марњилаи барномаи компютеркунонии муас­сисањои таълимї аз тарафи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Њу­кумати Љумњурии Тољикистон муайян карда шудааст. Марњилаи якум дар асоси супоришу дастур­ њои Президенти Љумњурии То­ љикистон Эмомалї Рањмон дар маљлиси машваратї бо кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31-уми декабри соли 2002, № 502 «Дар бораи тасдиќи Барномаи компютеркунонии мактабњои маълумоти њамагонии асосї ва миёнаи Љумњурии Тољикистон барои солњои 2003-2007», марњилаи дуюм аз 05.03.2008, № 77 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Барномаи компютеркунонии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2008-2010» ва марњилаи сеюм бошад, бо маќсади иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2-юми декабри соли 2009, № 667 «Дар бораи тадбирњои татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15-уми сентябри соли 2009, № 707 «Дар бораи Соли маориф ва фарњанги техникї эълон намудани соли 2010» тањия гардида, ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2.09.2010, № 416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» тањия ва тасдиќ шудааст. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Рафти иљрои марњилаи дуюми «Барномаи компютеркунонии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2008-2010» нишон дод, ки муассисањои таълимї бо 38307 адад компютер, 20024 адад принтер таъмин карда шудаанд, ки ба њар як компютер 18 нафар хонанда рост меояд. Иљрои барномаи комрютеркунонї то соли 2012 83,3 фоизро ташкил медињад. Иљрои Барномаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон (172,4%), вилояти Суѓд (88,2%), вилояти Хатлон (78%), шањри Душанбе (83,3%), ва ноњияњои тобеи љумњурї (79%) –ро ташкил медињад. Барои баланд бардоштани са­ вияи дониши хонандагони мак­ табњои тањсилоти умумии Љум­ њурии Тољикистон аз забон­њои русї ва англисї ќарори Њуку­ мати Љумњурии Тољикистон аз 02.12.2003, № 508 “Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2004-2014” ва “Барномаи давлатии таъмини муассисањои таълимию илмии љумњурї бо кабинетњои фаннї, озмоишгоњњои муљањњази таълимї ва илмию тањќиќотї барои солњои 2011-2015” (бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 майи соли 2010, № 223) тасдиќ гардид. 13


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» (2011) ва «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Љумњурии Тољикистон» (2012) санадњои муњим ва арзишманди миллї буда, дар њалли аксар масоили марбут ба тањсилот маќоми арзанда дошта, барои дар рўњияи миллї ва ахлоќи умумибашарї тарбия ёфтани насли наврас замина мегузоранд. Њуљљатњои мазкур фарогири рукнњои асосии тарбия ва тањрикдињандаи њамаи ќишрњои љомеа дар самти тарбияи насли наврас мебошанд. Сарчашмаи асосї ва арзишманди бунёди тафаккури худшиносї ва тањкими истиќлолият дар муас­ сисањои таълимї асарњои Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон буда, дар дарсњои таърих, адабиёт, соатњои тарбиявї ва машѓулиятњои беруназинфї ва дигар чорабинињои умумимактабї мунтазам омўхта мешаванд. Дар ин робита дар муас­сисањои таълимї мунтазам бо иштирокчиёни Иљлосияи ХYIуми Шўрои Олии Љумњурии То­ љикистон, собиќадорони љангу мењнат, шахсони маъруфи љумњурї вохўрињо гузаронида шуда, наќш, моњият ва ањамияти ин иљлосияи таќдирсозро таъкид намуданд. Бахшида ба ин санаи муњими таърихї вараќаву рўзномањои деворї, намоиши аксњо ва расмњо, мизи 14

мудаввар, шабњои саволу љавоб, семинар, озмун ва конфронсњо дар мавзўъњои «Дастовардњо баъд аз истиќлолият», «Наќши иљ­лосияи ХYI-уми Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон дар тањ­ кими давлати имрўза, волоияти ќонун ва њифзи њуќуќњои шањр­ вандон» ташкил намуда, бахшида ба ин рўз 90 рўзи ободонї ва бунёдкорї эълон шуд. Њамчунин дар мактабњо дар байни синфњои 9-11 озмуни иншои бењтарин дар мавзўи «Иљлосияи таќдирсоз», «Истиќлолият ва сањми 20-солагии Иљлосияи ХYI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар тањкими давлатдорї ва вањдати миллї» гузаронида шуда, дар он 20 иншои бењтарин пешнињод гардид ва ѓолибони озмун аз љо­ ниби маќомоти соњаи маориф бо тўњфањои хотиравї ќадр гардиданд. Бо кўмаки падару модарон, шахсони саховатманд, собиќ хатм­ кардагони муассисањои таълимї, сарпарастон китобхонањои муасси­ сањои таълимї бо китобњои бадеї, аз љумла, китобњои бадеии бачагона таъмин мегарданд. Њамзамон, дар ин замина барои аќаллиятњои миллї (муассисањои таълимашон бо забонњои ўзбекї, туркманї ва ќирѓизї) ва хонандагони дорои имкониятњои мањдуд (кар, гунг, нобино, биноияшон суст, аќлан заиф ва полиомиелит) тибќи ќарори мушовараи Вазорати маориф аз моњи июли соли 2012 рўйхати китобњои «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

дарсї тасдиќ гардида, давра ба давра чопи онњо амалї мегардад. Тибќи наќшаи чорабинињои Ва­ зорати маорифи Љумњурии Тољи­ кистон оид ба таљлили 20-солагии Иљлосияи ХYI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба­ рои дар сатњи зарурї доир на­му­ дани таљлили ин љашни фар­хунда тадбирњои мушаххас ан­дешида шуд. Дар кулли муас­с иса­њ ои таълимї бахшида ба ин санаи муњим мусобиќањои маъ­ри­фатї, варзишї, чорабинињои умуми­ мактабї гузаронида шудаанд. Ин њама дастовардњо шањодат медињанд, ки бо шарофати иљ­ лосияи таќдирсоз дар тамоми љабњањои њаёти Љумњурии Тољи­ кистон дигаргунињои куллї ба амал омада, бешак, ба рушди бемайлони соњаи маориф мусоидат намуданд. Айни замон дар назди ањли маориф њадафњо ва вазифањои нав пеш омада, фаъолияти арзишманд ва гуногунсоњаи маориф моро водор месозад, ки бештар ба фароњам овардани шароити зарурї бањри худмуайянкунї, худифшосозї ва камолоти фардї, зуњури имкониятњои эљодї ва шахсияти инкишофёбандаи кўдакон,

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

наврасон ва љавонон таваљљўњ зоњир намоем. Аз ин рў, зарурати љустуљў ва дарёфти чунин шаклу усулњо ва мундариљаи кор бо кўдакон ва хонандагону толибилмон бояд љавобгўи талабот ва майлу раѓбати онњо буда, ба татбиќи њадафњо ва вазифањои муосири раванди љањонии тањсилот мусоидат намоянд. Дар њаќиќат, мушоњида ва тањ­ лилњо равшан месозанд, ки пас аз баргузории Иљлосияи ХYI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кис­ тон дар кишвар марњилаи наву тозаи соњибистиќлоливу соњиб­ ихтиёрї ба вуљуд омад ва махсусан дар соњаи маориф ормонњои зубдаву њадафњои наљиби созандагї насибамон гардид. Дар баробари ин, дар замони зудтаѓйирёбандаи љањони муосир мушкилот ва но­ расоињо низ мављуданд ва пайгирона бояд бањри ислоњи онњо бикўшем. Мебояд, ки њамагон садоќатмандона ба хотири ободиву осоиштагї ва пешрафти Ватани азизамон фаъолият намоем ва фардои љомеаро, ки аз дониш ва фарњангу маънавияти насли нав­ рас вобастагї дорад, шукуфотар гардонем.

15


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Латофат НАЗИРОВА, ректори Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон, номзади илмњои педагогї

ИЉЛОСИЯИ XVI-УМИ ШЎРОИ ОЛЇ – ОЃОЗИ ВАЊДАТИ МИЛЛИИ ТОЉИКОН

Воќеањои сангини солњои 90-уми ќар­ни гузашта миллати тољикро бори дигар ба риштаи имтињони љиддии таќдир кашид. Фазои кишвари азизи моро абрњои тираи љанги шањр­вандї фаро гирифт. Ин љанг Љумњурии Тољикистонро ба дуроњаи номуайянї кашид ва њар лањза масъалаи мављудияти он бо дасти доирањои муайян тарњрезї мешуд. Дар лањзањои душвори таќдирсоз хиради азалии мардони асилу ватанхоњу ватандори тољик бар љањолат пирўз шуд. Заминаи пирўзии кишвар аз Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї оѓоз гардида, дастоварди му­њими он ба тасвиб расидани «Созишномаи истиќрори сулњ 16

ва ризоияти љо­м еа» (27-уми июни соли 1997) гардид. Вакилони мардумии ваќт (1992) бо љасорати беандоза дар шањри бостонии Хуљанд љамъ омада, вазъияти сиёсию иќтисодии кишварро ба њисоб гирифта, бо тањаммули зиёд ва дурандешї сари мизи мудаввар нишаста, рољеъ ба таќдири имрўзу фардои кишварро меандешиданд. Пешнињод гардид, ки Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон љавони чињилсола Эмомалї Рањмон интихоб карда шавад. Ин пеш­нињод аз тарафи вакилони мардумї сами­мона пазируфта шуд. Эмомалї Рањмон аз рўзњои аввали ба сари вазифа омаданаш ѓайрату кўшиш «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

ва њадафи асосии худро барои ба эътидол овардани љомеа, ба Ватан баргардонидани фирориён, паст кардани сатњи камбизоатї ва дигар масъалањои муњими ваќт бахшид. «Ман барои Шумо - халќи азизам сулњ меорам», -гуфтани Раиси Шўрои Олии кишвар дар дили мардум шўълаи умедро ба ояндаи хубу рўшан бедор намуд. Ин хитоби пешвои тољикон такони љиддие дар њалли масъалањои муњими сиёсиву иќтисодии кишвар, умед ба зиндагии хуби оянда, аз оташи љанг баровардани кишвар, гардида, раванди ба хоки аљдодї баргаштани њамва­та­нону фирориёни кишварро тезонд. Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кис­тон аз рўзњои аввали фаъолияташ ягона роњи наљоти инсониятро дар сулњу вањдат мебинад. Аз ин љост, ки пайваста кўшиш менамуд тарафњои даргирро ба сари мизи мусолиња даъват карда, мардуми пањну парешонро ба ватани аљдодї баргардонад. Њар пешнињоде, ки аз тарафи љониби муќобил ба миён меомад, онро бо тањаммул санљида, дар сурати зарурат пазирої менамуд. Ба тариќи раъй­пурсї ќабул карда шудани Конститутсия (Сарќонун)-и «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

кишвар ва гузаронидани интихоботи шаффофу умумихалќї дар замири мардум боз њам дилгармии самимиро ба вуљуд овард. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ќуввањои даргирро бо миёнравии ташкилотњои бонуфузи байналмиллї ба гуфтушунид даъват мекард. Дар њар љойе, ки ќуввањои даргир мехостанд сари мизи музокирот нишинанд, Президенти кишвар бе ягон дудилагї онро ќабул менамуд. Љони худро ба хатар монда, љавонмардона ба музокирот њозир мешуд. Дар 8 даври музокирот, 21 мулоќоти расмї ва садњо мулоќоту музокироти ѓайрирасмї, ки дар гўшаву канорњои гуногуни давлатњои сайёра мегузаштанд, масъалаи асосї - аз вартаи љанг берун баровардани кишвар баррасї мешуд. Хушбахтона, Президенти кишвар ба њадафи худ расид, ба ваъдае, ки дар назди мардуми кишвар дода буд, бо сари баланд вафо намуд. Акнун зарур буд, ки фарњанги сулњро дар тафаккури ањли љомеа ташаккул бидињем ва ин тавассути суханрониву воњўрињои Сарвари кишвар дар гўшаву канорњои мамлакати азизамон 17


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

ва берун аз он расонида мешуд. Ў њангоми суханронии худ аз минбари СММ таъкид намуд, ки «фарњанги сулњ дар асоси далелњои зер метавонад инсониятро наљот бидињад: оќилона зиндагонї кардан; иродаи нек доштан ва роњи њамагуна мушкилотро дар сари мизи гуфтушунид њал намудан; бидуни зўроварї ва бе силоњ њал намудани проблемањо; эњтироми раќиб ва босабру тањаммул шунидану омўхтани андешаи ў; ба вуљуд овардани муросову созиш дар асоси ќонун ва билохира дар заминаи фарњанги сулњ ба вуљуд овардани робитаи давлатњову минтаќањо». Таъкидњои Президенти Љум­ њурии То­љ икистон заминаи амалисози фарњанги сулњ дар кишвари азизамон буда, имконият дод, ки љонибњои даргир дар муддати кўтоњи таърихї ба мусолиња биёянд ва дар кишвар роњи нави тараќќиёти љомеаро пеша намоем, ки њанўз касе нарафтаву напаймудааст. Аз ин рў, хусумату навмедї аз байн рафта, байни гурўњњои сиёсї бовариву эътимод ба миён омад, ки ин боиси њамдигарбахшї гардид. Ба сулњи бебозгашт расидани мардуми азизи кишварамон 18

њадафи асосии Президенти љум­ њурї дар роњи истиќрори сулњ ва њамдигарфањмї гардид. Дурнамои ин масъала нигоњ доштан ва тањким бахшидан ба он буд. Мањз њамин ќисмат бањри созандагиву эњёи кишвар заминаи мусоид фароњам овард. Таљрибаи сулњи тољикон ба љањониён собит намуд, ки миллати тољик дар асл созандаву бунёдкор ва дар њамагуна вазъият тањаммулпазир аст. Тољикон тавонистанд бори дигар собит намоянд, ки миллати љангљўй набуда, ба љуз созандагиву бунёдкорї маќсади дигар надоранд. Аз ин љо метавон наќши Иљлосияи сарнавишсози XVI-уми Шўрои Олии кишварро бо њарфњои зарин сабт намуд, то он солњои сол аз замири мардум зудуда нагардад, зеро мањз њамин иљлосия оѓози вањдати миллии тољикон, аз мањву нобудї наљот ёфтани халќу Ватан, ба вуљуд омадани сохторњои ќудратї, тарњрезї намудани барномаи ояндаи давлати демокративу дунявї мебо­ шад. Билохира мактаби сиёсии Президенти кишвари мо намунаи бењтарини сулњофарї барои тамоми манотиќи даргири дунё гардид. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Тољинисо НОР��УЊАММЕДОВА, муаллимаи Литсей - интернати Президентї барои бачагони болаёќати љумњурї, Аълочии маорифи Тољикистон

АЗ ЌАСРИ АРБОБ ТО КОХИ МИЛЛАТ Бозтоби фаъолияти пурвусъати Сарвари давлат аз нигоњи як омўзгор Ў дар байни гандумзор ќадам мезаду хаёлан китоби умри хештанро вараќгардон мекард. Беихтиёр худ ба худ табассум намуд. Гўё дирўзакак буд њамаи ин… – Оча, ку як дуо дењ, ки маро ба маркази вилоят љеѓ задаанд. – Ай барои чї, бачам? Охи вазият бисёр вазминай, нарав ба­чам, -бо таассуф ва норозигї сухан сар кард модар. Эмомалї оњиста ва боэњтиром гуфт: -Оча, њозир бисёр давраи нозук аст, мо зарур шудаем, ки моро љеѓ заданд. Медонам аз њама чиз љон ширин аст, ту мо­ дарї ва ѓами маро мехўрї, ман бо­шам ѓами мардумро… «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Бо њамин гуфтугузори ў бо мо­ дар хотима ёфту дари мошинро кушода, паси чабараки он нишаст. Ў ба мошин нишасту њушу ёдаш ба суханњои модар банд буданд. Оре, модар, ки як љигар­бан­ дашро дар аскарї аз даст дода буд, намехост, ки дигар фарзандонаш аз ў дуртар бошанд ва азоб кашанд. Мошин пеш мерафту хаёлаш ба љониби модар банд: бечора очам ин ќадар маро дўст медорад, њатто њангоми дуодињї дас­ тонаш меларзанд, дилаш меларзад, намехоњад, ки як ќадам аз ў дур бошам. Оњ, модар, модар! Ту намедонї, ки дар дили ман мењри 19


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

халќу диёрам чї ќадар љо гирифтааст ва дар ин лањзањои зарурї бояд њатман ман бо халќам бошам… Бо њамин хаёлњои печ дар печ чї гуна ба маркази вилоят расиданашро њис накард Эмомалї. Дар љаласаи вилоятї ўро сарвари њукумати вилоят интихоб намуданд. Акнун ў бештар масъулиятро њис менамуд. Ватан дар њалќаи оташ буд. Њар ду тараф якдигарфањмиро намехостанд. Ана њамин тавр ќањрамони навиштаи мо кори роњбариро сар кард. Акнун аќли солиму дуран­ дешї њамсафари ў хоњад шуд, то ки њамагонро аз вартаи њалокат наљот дињад. Ин љавони дењотї бо дуои мо­ дар Хуљанди бостониро дид. Ўро дар Иљ­лосияи таърихии XVI Раиси Шўрои Олї интихоб намуданд. Умедвор набуд, ки дар ин давраи пурталотуму ташвишовар метавониста бошад сарварии љумњурии дар гирдоби оташ печидаро ба ўњдааш вогузор мекунанд. Хаёлњои печ дар печ сари ўро ба дард меоварданд, мехост дар нуќтае хаёли худро боздорад, ки он нуќта сарнавишти халќи ўро њал менамуд. Эмомалї ба он нуќта расид ва он љо ист кард, сарриштаи наќшаи худро дарёфт. Ња, ња, байни њар ду гурўњ оштї 20

бояд дод, лекин чї хел? Ин кори осон набуд… Њамоно ќасами ёдкардааш пешорўяш омад: «То як њамватанам ба Ватан барнагардад, ман ором истода наметавонам…». Ана њамин буд мавќеи ќатъии Эмомалї. Дар њаќиќат Иљлосияи XVIуми таќ­дир­сози тољик хато накард. Фарзандеро мардуми то­љик сарвар интихоб намуд, ки маќсади асосиаш кулли мардумро оштї додан, Ватанро аз вартаи њалокат берун намудан буд. Њамин тавр сарнавишти ќањ­ра­ мони навиштаи мо - Сарвари давлати мо Эмо­малї Рањмон таќ­дир­ љунбони мардуми тољик гар­дид. Аввалин корномаи бузурге, ки ў нишон дод, дар лањзањои ни­њоят душвор ба Љумњурии Аф­ѓонистон бањри гуфтушунид рафтанаш буд. Њамон лањзањоро тавассути оинаи нилгун тамошо карда истода, даст ба сўи Худо бардошта, мегуфтем: -Ай Худои нигањбони мо, Эмомалии моро сињату саломат ба диёрамон баргардон… Худованд Эмомалии моро сињату саломат ба Ватан овард. Эмомалие, ки Худо­в анд нури рањмати худро ба рўяш хеле фаровон пошидааст… Созишномаи охире, ки ба пур­ рагї вањдати миллии то­љи­кон­ ро таъмин намуд, дар таърихи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

27-уми июни соли 1997 ба имзо расид. Эмомалї Рањмон баъд аз ин тамоми тадбирњоро барои мардуми иљборан муњољиршуда муњайё намуд: онњо хонаву дар ва заминњояшонро гирифтанд, таъминоти озуќавориашонро Њукумати кишвар таъмин кард. Ў ќадам мемонду ба андеша ѓўтавар мешуд. Дар пайи љус­ туљўи роњњое буд, ки сатњи зиндагии мардум бењтар шавад. Пеш аз њама шањру ноњияњоро осуда гардиданд, иншоотњои бузург сохта шуданд. Мактабњо, майдонњои варзишї, марказњои маданї, донишгоњњо дари худро ба рўи мардум кушоданд. Маќсадњои наљиб бисёранд, љомеа пеш меравад, бояд барои халќи худ бисёр корњоро ба анљом расонид. Суханронињо аз минбари Созмони Милали Муттањид, боздид аз кишварњои зиёди хориљи наздику дур, вохўрињои њамешагї бо мардум - њамаи инњо нишонаи онанд, ки ин марди бошараф бањри ободиву сарсабзии кишвар љањду талоши зиёду мудовим дорад. …Ин субњ низ ба кор мешитобад. Њар субњ кори ў аз њуљраи кориаш оѓоз меёбад ва барои ман­ фиати халќи худ ў тайёр аст, ки дар давоми шабонарўз бе лањзае «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

таваќќуф хизмати беѓа­разона кунад. Рўзи корї ба поён мерасад, мошини хизматї ин абармардро интизорї мекашад, вале кї медонад, ки ин ронанда бояд чї ќадар мунтазир биистад, зеро Эмомалї Рањмон машѓули кор аст. Сарнавишти ин мард бо ќисмати халќаш њаммаъно гардидааст. Аз ќасри Арбоб то Кохи Миллат фар­сахњо фосила буд ва ин фарсахњоро танњо ин марди бузург тавонист ба сарбаландї тай намояд. Њар ќадами ў Ватанашро гулбез мекунад ва роњи халќашро равшанї мебахшад, симои гарми ў мардумро ба зиндагї дилгарм менамояд. Ў саргарми андешаи миллатсоз буду дуои модар, суханњои пандомезаш дар гўш садо медоданд ва беихтиёр аз дилаш гузашт: «Оњ модар, љон модар, њамон дуоњои ту буданд, ки ман ин роњи дарозу душворро сарбаландона тай намудам. Ту куљої, то ин ќадар пешравињои диёрро бо чашмони худ бубинї? Эй модари љон, дуоњоят барабас нарафтаанд. Њоло шукри Худо, халќи тољик ва кулли тољикистониён осуда, серу пур, мењнатќарин ва саодатманданд. Ай модари љон, кош рўњат њамвора мададгорам шавад, дуоњоят њамсафарам гарданд…». 21


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Назир ЊОЉИЕВ, устоди калони кафедраи фалсафа ва таърихи соњибкории Донишкадаи соњибкорї ва хизмат

ИЉЛОСИЯИ СУЛЊОФАР Иљлосияи XVI-уми ѓайринав­ батии Шўрои Олии Љумњурии То­ љикистон, ки соли 1992 дар Ќасри Арбоби шањри Хуљанди бостонї доир гардид, дар њаќиќат барои миллати тољик воќеаи таъ­р ихї ме­б ошад. Зеро мањз дар њамин иљлосия ба таќдири ояндаи давлатдори миллии тољикон дар давраи нав замина гузошта шуд ва ба сўи њадафњои бузурги сиёсї – сулњу субот ва вањдати миллї ќадамњои устувор гузошта шуд. Тамоми дастовардњои овони истиќлолияти давлатии кишвар ба ин иљлосияи сарнавиштсози сулњофар робитаи ногусастанї доранд. Баъди њар як воќеаи таърихї бурду бохти он пеши назар ќарор мегирад. Имрўз баъд аз бист соли сипарї шудан аз он иљлосияи сарнавиштсоз моњияти он боз њам равшантар гардида, маќому манзалати он назди таърих падид омад. Тўли 22

ин солњо истиќлолияти Тољикистон аз тарафи ќариб 150 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо аксарияти онњо робитањои дипломатї барќарор гардиданд. Рисолати таърихии миллати тољик дар њамаи давру замон фар­ њанг­созї, офариниши арзишњои волои инсонї, бо њам муттањид сохтани ќавму халќиятњо, тухми не­киву дўстї коштан буду њаст. Аммо душманони миллати мо дар дохил ва хориљ аз мушкилињо ва бетаљрибагии мо дар бахши дав­ латдорї хуб истифода намуда, ота­ ши нифоќу низоъро тавонистанд барангезанд ва љумњурии тозабунёди Тољикистонро ба гирдоби љанги хонумонсўзи шањрвандї кашанд. Омилњои сар задании нооромињо дар љумњурї хеле зиёданд. Давлати соњибистиќлоли тољикон тўли солњои 1992 - 1997 ба гирдоби фалокат ва парокандагї аф«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

тод, риштаи њаёти њазорњо инсони бегуноњ, ки аксарият љавонони ояндасози халќамон буданд, гусаста шуд. Ањолии ноњияњои љангзада хонахароб гардид, ки ин садњо њазор гурезаро ба вуљуд овард. Чун дар шањри Душанбе аксарияти рукнњои давлатдорї фалаљ гардида буданд, дар шањри Хуљанд даъват намудани Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї (даъвати 12-ум) ба маќсад мувофиќ дониста шуд. Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Ќасри Арбоби хољагии ба номи Саидхўља Урунхўљаеви ноњияи Хуљанд (но­њияи ба номи Бобољон Ѓафурови кунунї) баргузор гардид. «Баргузор гардид» гуфтан имрўз дар назари кас осон намояд њам, дар он замон хеле мушкил буд, чунки на њамаи иштирокчиёни љаласа имконияти ба он њозир шуданро доштанд. Тавре ки шоњиди иљлосия собиќ вазири алоќаи љумњурї шодравон Иброњим Усмонов наќл мекард, «ба иљлосия омадани вакилон як мушкилоти гарон буд. Вакилон аз минтаќањое, ки дар дасти гурўњњои силоњбадаст ќарор доштанд, озодона гузашта наметавонистанд, зеро дањњо низомиёни ѓайриќонунї дар роњ истода буданд ва метавонистанд ќасди љони онњо кунанд. Барои он ки онњоро нашиносанд, баъзе аз вакилон љомаи кўњна ба бар карда, гоњ савораву гоњ пиёда ба «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

шањри Кўлоб ва аз он љо ба Хуљанд роњ меёфтанд. Ноњияњои вилояти Кўлоб бошанд, гирифтори бунбасти иќтисодї гардида буданд. Њукумати расмии љумњурї аз ўњдаи таъмин намудани хўрокворї намебаромад. Дар натиља, агар ноњияњои водии Вахшро љанги шањрвандї фаро гирифта бошад, пас ба ноњияњои вилояти Кўлоб хавфи гуруснагї ва ќањтї тањдид мекард. Њатто баъзе вакилон бо чашми худ вазъи ноњияњои Кўлобро њангоми убур намудан мушоњида карда, чї будани бунбасти иќтисодиро хуб дарк карда буданд». Масъалаи асосии рўзномаи иљ­ лосия интихоби Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон буд. Иљлосия рўзи 19-уми ноябри соли 1992 Эмо­малї Рањмонро бо овоздињии пинњонї ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб намуд. Дар кори иљлосия дар баробари вакилони халќ арбобони илму фарњанг, намояндагони њизбу њаракатњо, ќумандонњои љангї аз њар ду тарафи бо њам муќобил, мењ­монон аз давлатњои њамсоя ва таш­килотњои байналхалќї њузур дош­танд. Маќсади асосии иљлосия – ноил гардидан ба мусолињаи мил­лї ва бунёди Њукумати ќо­нунии Љум­ њурии Тољикистон ба њи­соб ме­рафт, ки хушбахтона, он бањ­ри њаё­ти осоиштаи сокинони То­љи­кис­тон заминаи мусоид гузошта та­во­нист. 23


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Сайфуллоњ МАЊКАМОВ, мудири кафедраи фанњои гуманитарии ДЉТИБКСМ

ВОЌЕАИ БУЗУРГ ДАР АВРОЌИ ТАЪРИХ Аслан, вожаи «истиќлол» маънии мухтору мустаќил будан, озод будан аз кардани коре, бе мудохилаи касе соњибихтиёри кори худ будан ва со­ њиб­ихтиёриро дорад. Истиќлолият, бешубња, рамзи саодат, озодї ва худ­шиносиву худогоњии њар миллати со­њибтамаддун мебошад. Бо амри таќ­дир ва бар асари тањаввулоти фаро­гири сиёсиву иљтимоии ибтидои солњои навадуми асри гузашта халќи тољик баъди њазор сол аз сари нав ба эњё ва эъмори давлати мил­ лї ноил гардид. Аз љумла, комёбиву муваффаќияти љумњуриро танњо дар зарфи беш аз 20 соли со­њиб­ истиќлолї ќайд кардан айни муд­ даост. Пеш аз њама, мардуми пуршони тољик роњи дуруст, рост ва њам­вори имрўзу ояндаи миллатро ба сўйи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї интихоб намуд. Мањз бо ша­рофати Истиќлолияти давлатї 24

Њуку­мати љумњурї соњаи маорифро соњаи афзалиятнок эълон кард. Илова бар ин, ташкили аркони давлати соњибихтиёри миллї, тањкими сулњу субот, таъмини амнияти кишвар, оѓо­ зи раванди созандагиву бунёдкорї ва зиндагии шоиставу арзанда њама дастовардњои истиќлолият мањ­ суб меёбанд. Дар ин муддат дар љумњурї силсилаи роњњои автомобилгард аз шимол то љануб ва аз ѓарб то шарќ, наќб­њои мошингард ва пулњои дўс­тии байналмилалї мавриди истифода ќарор дода шуданд. Сохтмони иншо­отњои азим – роњи оњани Ќўр­ѓон­теппа – Кўлоб, роњи мошингарди Душанбе – Нуробод – Рашт – Саритош, Кўлоб – Хоруѓ – Ќулма – Ќароќурум, наќбњои Истиќлол, Шањристон, Шар-шар, Чор­маѓзак, Нерўгоњи барќии Роѓун, Сангтўда – 1, Сангтўда – 2, беш аз 260 НБО-и хурду миёна, шабакаи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

яго­наи энергетикї, зиёда аз 1700 км роњњои мошингард, 100 пул ва ѓайра шањодати бунёдкориву созандагии кишвари офтобрўяамон мебошанд, ки ба рањоии Љумњурии Тољикистон аз бунбасти коммуникатсионї мусоидат менамоянд. Айни њол обрўю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалї торафт меафзояд. Аз љониби ќариб 150 давлати дунё ба расмият эътироф гардидани Љумњурии Тољикистон, барќарор намудани робитањои дипломатї, узвияти Созмони Милали Муттањид ва дањњо ташкилотњои бонуфуз ва амсоли инњо боиси ифтихори њар як бошандаи банангу номуси кишвар аст. Љумњурии Тољикистон бо 119 кишвари љањон муносибати дипломатї ва бо зиёда аз 100 давлат муносибати тиљоратї дорад. Аз ин рў, новобаста аз бањсњои тўлонї, Иљлосияи ХУ1-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон собит сохт, ки мардуми тољик дорои ќувваи солим ва тавоно буда, аз як тараф, пеши роњи њамагуна мољаро ва бањсу низоъро гирифта тавонад, аз дигар тараф, обрўю нуфузи кишвари хешро дар арсаи байналмилалї собит ва њифз месозад. Муњимтарин дастоварди ин иљ­ ло­сия тантанаи ќонун ва бо роњи конс­ти­тутсионї њаллу фасл кардани тамоми масъалањои њаёти сиёсї ва иљ­тимоии кишвар мебошад. Бологирии аќли солим ва адлу инсоф, ризоияти миллї, якпорчагии Ватан ва сулњу салоњ маќсаду мароми иљлосияи мазкур ба њисоб мера«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

вад. Ба ин маънї, Сар­вари давлат Эмомалї Рањмон фар­муда буд: «Ман кори худро аз сулњ оѓоз хоњам кард. Ман тарафдори давлати демократии њуќуќбунёд мебошам. Мо бояд њама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро бењтар намоем, њар чи аз дастам меояд, дар ин роњ талош хоњам кард». Ба ин маънї, Истиќлолияти дав­ латї волотарин дастоварди мардуми тољик дар охири садаи бист мањсуб меёбад. Мутаассифона, дар солњои аввали истиќлолият дар кишвар бо таъсири ќуввањои бадхоњи дохиливу хориљї љанги шањрвандї, ки бо номи љанги бародаркуш низ маълум аст, сар зад, ки боиси ќурбонињои љонї, талафот ва хисороти иќтисодї, иљтимої ва маънавї гардида, рукнњо ва асосњои давлатдориро фалаљ намуд. Дар мамлакат бесарусомонињои зиёд, вазъи носолим ва низои до­хилї ба амал омад. Новобаста ба фо­љиаи миллат, зарбулмасали «Дар но­уме­ дињо басе умед аст, Поёни шаби сиёњ сапед аст» дили мардуми пуршонро тасаллї медод. Мањз дар ин муддат даъват гардидани љаласаи таќ­дирсози ХУ1-уми Шў­рои Олии Љумњурии Тољикистон дар таърихи кишвар сањифаи наверо боз намуд, зеро ин љаласа баќои миллатро таъмин ва дастгоњи нави давлатиро рўйи кор овард. Дар он ба Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба ўњдаи Сардори давлат таъмини њу­ќуќ ва озодињои шањрвандон, Сар­ќо­нун (Конститутсия) ва ќонунњои Љум­ њурии Тољикистон вогузор гардид. 25


ЉАШНВОРАИ МИЛЛАТ

Президенти кишвар Эмомалї Рањ­ мон њангоми суханронии хеш дар таљлили 15-солагии Истиќлолияти давлатї бамаврид ќайд намуда буд: «Дар байни миллатњои мутамаддини олам мисли миллати тољик кам халќе вомехўрад, ки борњо ба вартаи фаношавї наздик шуда, дубора эњё гардида, баъди њар шикасту нокомї барои истиќлолияту баќои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинањои баландтари камолот расидааст». Дар њаќиќат, ин гуфтаи Сарвари давлат асос дорад. Миллати пуршараф ва ќадимаи мо ба шарофати хиради азалї ва ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти љомеа» тавонист, ки вањдати миллиро барќарор намуда, бо ин роњ обрў ва нуфузи кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалї баланд бардорад. Шинохти шахсияти эљодии абар­ мардони миллат, бахусус Ќањра­мо­ нони Тољикистон – Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Тур­сун­ зода, Нусратулло Махсум, Ширин­ шоњ Шоњ­темур ва Эмомалї Рањмон гарави равнаќи ояндаи забону фар­ њанги то­љик ва омили муассири тањ­ кими вањ­дати миллї ва пойдории истиќ­ло­лияти кишвар мебошад. Дар бораи Иљлосияи ХУ1-уми Шў­ рои Олии Љумњурии Тољикистон ва маќому манзалати он адибони тољик ашъори баландмазмуну баландѓоя эљод намудаанд, ки мисол овардан аз њамаи онњо имкон надорад. Шоираи хушкалом Њадиса Ќурбонова дар шеъри «Суруди Вањдат» поядагии 26

вањдати тољиконро тараннум намуда, мехоњад он њамчун нури хуршед равшанибахши рањи ояндагон бошад: Вањдатат – ин субњи истиќлоли мо, Вањдатат – ин мурѓи заринболи мо. Мепарад аз мулк бар мулки дигар, Ў дињад овои истиќболи мо. Тољикистон, вањдатат поянда бод, Нури хуршеди рањи оянда бод! Ёдовар шудан айни муддаост, ки њар як рўз барои мо, инсонњои рўйи За­мин ќимату ѓанимат буда, самаранок гузаронидани он амри воќеист. Њар як фарди баору номус бояд саъю кўшиш ба харљ дињад, то ин ки дар олам сулњу сафо ва дўстиву бародарї тантана намояд. Шоири халќии Тољи­кистон, Ќањрамони Тољикистон устод Мирзо Турсунзода ба ворисон падарвор панде додааст: То тавонї, дўстонро гум макун, Дўстони мењрубонро гум макун, Дар љањон бе дўст будан мушкил аст, Мушкилосонкункасонро гум макун. Ё худ: Одамон аз дўстї ёбанд бахт, Душманї орад ба мардум рўзи сахт. Ба ин минвол, метавон ба чунин хулоса омад, ки Иљлосияи ХУ1-уми Шў­рои Олии Тољикистон воќеаи бузургест дар авроќи таърихи тиллоии кишвар, ки мањз тавассути он мардуми шарифу шарафёби тољик ба вањдати миллї ва њаёти осоиштаву созанда ќадамњои мањкам ва устувор гузоштанд. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

Мамадшо ИЛОЛОВ, Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон

ИЉЛОСИЯИ XVI-УМИ ШЎРОИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМИ БУНЁДЇ

Даврае, ки Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон доир гардида буд, илми тољик низ њолати бўњрони шадидро аз сар мегузаронд. Муноси­бат ба илми академикї аз љониби баъзе гурўњњои љамъиятї чандон мусбат набуд. Баъ­ зењо аќида доштанд, ки бо барњам хўрдани Иттињоди Шўравї Ака­ демияи илмњо низ нолозим шудааст, бинобар ин барњам додани он шояд ба маќсад мувофиќ бошад. Нодурус­ тии ин аќидаро сиёсати Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон собит намуд. Чунон ки маълум аст, дар њар мар­њ илаи рушди љомеаи инсонї илм љойгоњ ва маќоми сазовор до­ рад ва пешрафти давлатњову киш­ варњо ба тараќќиёти илм ва татбиќи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

натиљањои он вобаста мебошад. Мил­лати мо низ ба илми љањонї сањми арзанда гузошта буд ва олимони тољик дар замони истиќлолияти давлатї дар самтњои муњимтарин тадќиќро идома дода истодаанд. Ака­демияи илмњо дар ин самтњо њамчун муассисаи пешбар ва пешрав вазифаи худро бо ифтихор иљро мекунад. Њанўз румиёни ќадим њикмати сухани "scientia vinces", яъне "бо илм ѓо­либ мешавї"-ро дарк карда буданд. Аљдо­дони мо бохтариёну портњо ва суѓдиёну хоразмиён баробари дигар ќавмњои бостонии Ќибту Бобул ва Юнону Њинд чандин њазорсолањо пеш аз ин дар гирд кардану гиромї доштани илму дониш шуѓл варзида буданд. Дар замони шоњони Сосонї 27


Њадяи сарнавишт

аввалин академия бо номи Гунди Шопур таъсис ёфт ва олимони он энсиклопедияи 30-љилдаи илми тиб­ ро таълиф намуда буданд. Дар замони ислом аз Анљумани илмии «Байтулњикмат» шурўъ шуда, баъдан дар замони давлатдории Сомониён дар Бухорову Самарќанд, Хуљанду Маро��а ва Тирмизу Хоразм мактабњои илмие рўи кор омаданд ва асарњои олимони ин марказњо дар баробари арабї ба забони форсии тољикї низ таълифу тањрир мешуданд. Њамин буд, ки дар тўли ќарнњои XIII-XVII ин забон дар њудуди Мовароуннањру Хуросон, Осиёи Хурду Њиндустон ба дараљаи забони байналмилалии илм расид. Таърихи фарњангии асримиёнагиро бидуни осори Муњаммади Хоразмї, Абўрайњони Берунї, Абўмањмуди Хуљандї, Умари Хайём, Насируддини Тўсї ва албатта, табиби њозиќу донишманди бузург Абўалї ибни Сино тасаввур кардан амри муњол аст. Бо таъсиси Љумњурии Мухтори Тољи­кистон дар соли 1924 авва­лин сохтори илмї тањти унвони "Љамъи­ яти омўзиши Тољикистон ва хал­ ќиятњои эронитабори берун аз њу­ дуди он" ташкил ёфт, ки ба њайати он олимони барљастаи њамон давра, муаррих А.А.Семёнов, љуѓрофиёдон Н.Л. Корженевский, фарњангшинос М.С.Андреев ва дигарон шомил гардиданд. Дар аввалин маљмўаи илмии љамъияти номбурда эссеи таърихии В.В. Бартолд "Тољикон" интишор гардид, ки он нахустин 28

таљрибаи таърихнигории муосири тољик мањсуб мешавад. Баъд аз 50 сол академик Бобољон Ѓафуров асари бунёдии худро бо њамин ном интишор менамояд, ки дар пешрафти худшиносии миллии мо маќоми баланд дорад. Солњои 1932 дар Душанбе Бунгоњ (база)-и АИ ИЉШС ташкил шуд, ки роњбарии он ба ўњдаи академики шарќ­шинос С.Ф. Олденбург вогузор мегардад. Бояд ќайд намуд, ки наќши ин Бунгоњ ва экспедитсияњои илмии аз њисоби олимону мутахассисони варзида анљомёфта дар муайян кардани самтњои асосии фаъолияти илмї дар Тољикистон хеле бузург аст. Мањз дар заминаи тадќиќоти илмии Бунгоњ конфронс оид ба омў­ зиши захирањои табиї ва ќуввањои истењ­солкунанда, ки соли 1933 дар шањри Ленинград баргузор гардида буд, барномаи рушди минбаъдаи тадќиќот дар самти биология, геология, илмњои тиб ва кишоварзиро тавсия мекунад. Соли 1941 Бахш (филиал)-и тољикис­т онии АИ ИЉШС тањти сар­варии академик Е.Н.Павловский таъсис меёбад, ки аз се муассисаи таъйиноти табиатши­носидошта – институтњои геология, ботаника, зо­ ология ва паразитология ва як муассисаи соњаи гуманитарї – институти таърих, забон ва адабиёт иборат буд. Баъдан соли 1951 дар заминаи филиали мављуда Академияи илмњои ЉШС Тољикистон таъсис меёбад, ки нахустин президенти он устод Садриддин Айнї буд. Дар њайати «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

Академияи илмњо аллакай 9 муассисаи илмї-тадќиќотї дар соњањои улуми даќиќ, табиатшиносї, тиб, кишоварзї ва чамъиятшиносї фаъолият мекарданд. Пас аз вафоти устод С. Айнї дар со­ли 1954 муддати се сол академик F.A. Алиев иљрокунандаи вазифаи президенти Академияи илмњо буд. Соли 1957 академик-физик С.У. Умаров президенти Академияи илмњо интихоб мешаванд. Бо номи академик С.У.Умаров корњои наљибе алоќаманданд, ки яке аз онњо бунёди пойгоњњои муосири моддї-техникї, яъне ба наќша даровардан ва сохтани шањраки акдемикї ва дигаре аз њисоби љавонони соњибистеъдод ба воя расондани кадрњои баландихтисоси илмї ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар њар ду самт академик С.У.Умаров дар давоми њафт соли президенти Академияи илмњо буданаш ба комёбињои назаррас ноил шуд. То ба њол институтњои Академияи илмњо аз пойгоњњои моддї-техникии он замон бунёдшуда истифода мебаранд. Мањз дар охири солњои 50-ум ва ибтидои солњои 60-ум ба илми љањон номи академикњои ояндаи кишвар риёзидонњо – А.Д.Љўраев, Л.Г. Михайлов, З.Љ.Усмонов, Н.Р.Раљабов, астрофизикњо - П.Б. Бобољонов, О.В. Доброволский, физикњо - А.А. Адњамов, P.M.Марупов, химикњо – К.Т.Порошин, И.У.Нўъмонов, П.М. Соложенкин, геологњо – М.Р. Ља­ли­ лов, Р.Б. Баротов, биологњо – Ю.С. Носиров, Х.Ю. Юсуфбеков, М.Н. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Нар­зи­ќулов, олимони соњаи тиб – К.Т. То­љиев, Я.А. Рањимов, Њ.Њ. Мансуров, ки­шоварзї – Ѓ.A. Алиев, А.Н. Махсумов, љамъ­иятшиносон – Б.И. Искандаров, A.M. Мухторов, Н.Н. Неъматов, Б.А. Лит­винский, A.M. Бањоваддинов, М.С. Оси­мов, A.M. Мирзоев, Р.А. Амонов, С.А. Раљабов, И.К. Нарзиќулов, Њ.М. Саидмуродов муаррифї мешавад. Солњои 1965-1988 ба Академияи илм­њ о академик М.С.Осимов сарварї ме­кард. Ин солњо ба ављи баландтарини рушди илм рост меоянд. Дар инсти­тутњои нав ташкилшуда мактабњои илмии ватанї инкишоф ёфтанд. Шабакаи пурраи озмоишгоњњо, расадхонањо ва истгоњњои тадќиќотї рўи кор омаданд, маљаллањои илмии аз љониби љомеаи байналмилалї эътирофшуда ба табъ мерасиданд. Ањли илм барои таъмини тараќќиёти рўзафзуни соњаи саноату кишоварзї, фарњангу иљтимоиёт ва сиёсату иќтисодиёти љумњурї софдилона кору фаъолият мекарданд. Маблаѓгузории муас­ сисањо аз њисоби Академияи илмњои Иттињоди Шуравї сурат мегирифт. Њамин буд, ки бо пошхўрии Ит­ тињоди Шўравї ва аз байн рафтани Академияи илмњои ИЉШС мо ба вазъияти ногуворе дучор омадем. Хатари воќеии аз байн рафтани Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба миён омад. Дар солњои нооромии кишвар илми тољик низ зарари љиддї дид. Фаъолияти муассисањои илмї, махсусан дар илмњои табиатшиносї коста 29


Њадяи сарнавишт

гардиданд. Як ќисми олимон, махсусан русзабонон аз љумњурї рафтанд, таљњизоти лабораторияњои илмї кўњна шуданд ва ё ќисме аз онњо аз кор монданд. Дар ин шароит баъд аз баргузории Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї дар шањри Хуљанд умеди олимони тољик ба рушди илм аз байн нарафт, онњо ќатъи назар аз мушкилињои моддї ватанпарас­ тона корњои илмї-тадќиќотиро идома доданд. Дар давраи мушкили пасошўравї дар баъзе давлатњо Академияи илмњоро як соњаи маб­ лаѓгузории сангин шумурда, онро барњам доданд. Вале дертар нодурустии ин корро дарк намуда, боз онро барќарор намуданд, вале барќарор кардани кадрњо ва институтњои собиќ таќрибан номумкин гардидааст. Вале роњбарияти Тољикистон роњи нињоят оќилона ва дурустро пеш гирифта, илмро њимоя кард ва ба олимон такя намуд. Ин сиёсат дурустии худро комилан исбот кард. Мавќеи устувор, ватандўстона ва миллии Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон новобаста ба лањзањои душвори њаёти сиёсї-ичтимої дар кишвар хатари мањвшавиро аз болои Академияи илмњо дур андохт. Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон на танњо боќї монд, балки ба туфайли сиёсати дур­андешонаи Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолияти худро барои иљрои самтњои афзалиятноки рушди ичтимої-иќтисодии љумњурї равона гардонид. Дар мулоќоти оли30

мон, ки 29-уми феврали соли 1996 бо Президенти Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, таъкид шуд, ки бе инкишофи илму фарњанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест. Дар асоси хулосањои ин мулоќот ва вобаста ба талаботи нав дар шароити истиќлолияти давлатї таваљљўњ ба Академияи илмњо бештар гардид. Аз њамин давра ислоњоти сохторїмаъмурии Академияи илмњо оѓоз гардид ва љамъбасти нињоии ислоњот дар мазмуни Ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон аз 18-уми сентябри соли 2010, № 459 ифода гардид, ки дар он наќшаи таљдиди сохторию идории Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва ба расмият даровардани муттањидшавии институтњои он тибќи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шуд. Баъд аз мувофиќа кардани талаботи ќарори мазкур бо вазорату идорањо 4-уми феврали соли 2011 сохтори нави муассисањои илмї-тадќиќотї ва воњидњои дигари илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба вуљуд омад. Олимони Академияи илмњо дар шароити нави сохторию идорї низ ба дастовардњои зиёди илмї ноил гардиданд ва онњо аз ќобилияту имкониятњо ва нерўи зењнии илми тољик шањодат медињанд. Доир ба тањќиќи илмњои физикаву математика, химия, геология ва техникї корњои илмї аз рўи як ќатор самтњои афзалиятдоштаи математикаи бунёдї ва амалї; љисмњои хурди Системаи офтобї, объектњои наздизаминї «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

ва ситорањо; физикаи ядрої, нур­ њои кайњонии дорои энергияи фав­ ќулбаланд, њолатњои конденсї, ам­н ияти ядрої ва радиатсионї, масъалањои физикию техникии энергетикаи алтернативї, коркарди маљмўии ашёи хом ва партовњои саноатї, металлњо ва хўлањои дорои хосиятњои махсус; химияи пайвастњои аз љињати биологї фаъоли органикї ва баландмолекулавї, коркарди истифодаи доруњои нави табобатї дар асоси ашёи хоми табиї ва мањсулоти синтези органикї, химияи пайвастњои координатсионї; петрология ва геология, палеонтология ва стратиграфия, омўзиши канданињои фоиданок, маъданњосилшавї ва металлогения; мониторинги сейсмологї ва бањодињии хатари сейсмикї, тартиб додани харитаи пешгўии оќибати заминљунбињои сахт дар марзи Тољикистон бо истифода аз технологияи муосир, пешнињоди назария ва амалияи ба зилзила тоб­ овари биноњои зист ва иншоотњои маъмурї, моделсозии равандњои сейсмикї; омўзиш ва мониторинги захирањои обї ва таѓйирёбии иќлим дар њудуди Тољикистон роњандозї шуда, дар муассисањои илмї-тадќиќотии дахлдор мавзўъњои илмии ба омўзиши ин масъалањо мувофиќ тасдиќ гардидаанд. Дар самти тадќиќот вобаста ба илмњои биология ва тиб таваљљўњи олимону мутахассисони соња асосан ба омўзиш, њифз ва истифодаи устувори гуногуншаклии биологї, генофонди растанию њайвонот ва захирањои «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

биологї, коркарди асосњои илмии инкишоф додани шабакаи минтаќањои махсусњифзшавандаи табиат, таъсири таѓйирёбии иќлим ва омилњои антропогенї ба гуногуншаклии биологї, системањои табиї ва агроэкологї, интродуксия ва ба иќлим мутобиќгардонии растанињо, мутобиќгардонии физиологию биохимиявї ва механизимњои танзимкунандаи устувории организмњои зинда ба таъсири шароити номусоиди муњит, таъсири маљмўи омилњои экологї ба њаётгузаронии растанињо дар шароити баландкўњ, фотосинтез ва мањсулнокии растанињо, асосњои физиологию генетикии селексияи растанињои кишоварзї, таъмини системаи интегратсионии њимояи зироатњои кишоварзї аз зараррасонандањо ва биотехнологияи растанињо нигаронида шудааст ва доир ба масъалањои зикршуда татбиќи корњои амалї ва назариявии мунтазам идома дорад. Дар шароити кунунии љањонишавии арзишњои умумиинсонї бахши илмњои љамъиятшиносї ва гуманитарї ба хотири таъмини амнияти фарњангии кишвар омўзиши як зумра тадќиќоти хусусияти бунёдидоштаро дар доираи мавзўъњои илмии нав ба наќша гирифтаанд, ки муњимтаринашон инњоянд: таърихи халќи тољик, Тољикистони мустакил ва таърихи этникии Осиёи Марказї, онтологияи фалсафї, гносеология ва мантиќ, масъалањои муосири антропологияи фалсафї, масъалањои фалсафї, сиёсї ва иљтимоии рушди љомеаи 31


Њадяи сарнавишт

муосири тољик, таърихи фалсафа ва дин, адабиёти тољику форс, адабиёти тољик дар давраи Истиќлолияти давлатии Тољикистон, забони то­ љикї ва фолк­лор, тањќик ва нашри ёдгорињои хаттии илму фарњанги тољику форс, масъалањои модернизатсияи иќ­ти­содиёти давраи гузариш дар То­љикистон, сиёсати иќтисодїиљтимої ва механизмњои иќтисодии рушди муносибатњои бозаргонї дар Љумњурии Тољикистон, сиёсати демографї ва мушкилоти татбиќи он дар кишвар, асосњои назариявии хуќуќи муосир ва байналмилалї, назария ва методикаи таълиму тарбия дар мактабњои муосир ва њамкории илму маориф дар бобати баланд бардоштани сифати таълим, коркард ва истифодаи технологияњои нави таълиму тарбия. Доир ба њамаи масоили зикршуда муассисањои дахлдори Шўъбаи илмњои љамъиятшиносї мавзўъњои нави илмї-тадќиќотиро тибќи муќаррароти ќабулгардида тасдиќ намуда, машѓули фаъолияти пурсамари эљодї мебошанд. Маблаѓњои ѓайрибуљетие, ки солњои охир олимони Академияи илмњо барои анљом додани корњои илмїтадќиќотї тавассути ташкилотњои гуногуни байналмилалї ва хориљї дар шакли грантњо ба даст овардаанд, то 70% маблаѓгузории буљетии солонаи Академияи илмњоро ташкил медињад. Бо эњсоси баланди ќаноатмандї метавон гуфт, ки олимони номвари тољик чи дар соњањои илмњои табиатшиносї ва чи дар соњаи илмњои љамъиятшиносї бо асарњои 32

пурарзиши илмии худ шўњрати бай­ налмилалї касб намуда, дар рушди мактабњои нави илми тољик хастагинопазирона сањми бузурги худро мегузоранд. Илми тољик дар шароити кунунии рушди иљтимої-иќтисодї ва фарњангии кишвар ба анъанањои суннатии ниёгони бузурги худ содиќ монда, тамоми дастовардњои дар замони муосир андўхташударо њифз менамояд ва тамоми имконоти илмїтадќиќотиро барои амалї гардидани барномањои афзалиятноки давлатии рушди Ватани азизамон сафарбар менамояд. Мо дар ин самт ба истеъдоди олимони соњибтаљриба, тарбияи насли сифатан нави олимони љавон ва омўзиши њамаљонибаи дастовардњои илмї љањонї такя мекунем. Мо аминем, ки Њукумати љумњурї моро дар ин кори барои тараќќиёти иљти­мої-иќтисодии кишвар нињоят муњим чун њамеша дастгирї менамояд. Муваффаќиятњои илми тољик бори дигар шањодати он аст, ки ќарорњои Иљлосияи таќдирсози ХУ1-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон љавобгўи таќозои таърих ва истиќлолияти давлатї будаанд. Бо боварии комил метавонем изњор кунем, ки дар замони истиќ­ лолияти давлатї, ќатъи назар аз мушкилињои бавуљудовардаи ља­ њони­ш авї, олимони Академияи илм­њои љумњуриамон тамоми нерўи аќлонї ва таљрибаи илмии худро барои шукуфоии Тољикистони азиз, пешрафти иќтисодию иљтимої ва маънавии халќу давлатамон ба кор хоњанд бурд. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

Кароматулло ОЛИМОВ, узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон, доктори илмњои фалсафа, собиќ узви Комиссияи оштии миллї

НАЌШ ВА АЊАМИЯТИ ИЉЛОСИЯИ ХVI-уми ШЎРОИ ОЛЇ дар таъмини сулњ ва вањдати миллї дар Тољикистон

1. Нигоњи мухтасар ба вазъи сиёсї то Иљлосияи ХУ1-уми Шў­ рои Олии То­љ и­к истон. Баъди фурў­пошии давлати абарќудрати Ит­тињоди Шўравї љум­њу­рињои со­ биќи он соњибистиќлол шуданд, таърихи давлатдории навини он­ њо оѓоз гардид. Тољикистон низ соњибистиќлол шуд, вале бадбахтона, дар оѓози дав­латсозї љанги шањрвандї ба вуќўъ пайваст, ки он ба пешрафти иќтисодї, иљтимої ва маънавии халќи тољик зарбаи сахт ворид кард. Чунин зарбаи њалокатбор метавонист боиси парокандагии миллат ва давлати тољикон гардад. Албатта, ба ин љанг баъзе ќув­ вањои берунї низ њавасманд буданд ва он­ро доман мезаданд. Вале «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

дар дохил за­ми­нањои он бештар вуљуд дошт. Ман­сабталошињову мањалгароињо, ки асосан натиљаи тараќќиёти ноњамвор ва нобаробари минтаќањои љумњурї буданд, маданияти пасти сиёсии њизбњо ва њаракатњои навтаъсис ва набудани таљрубаи давлатдории мустаќил, ба тарзи давлатдории нав мутобиќ нашудани роњбарони он рўз аз љумлаи омилњои асосии низои мусаллањона гардиданд. Махсусан, њаракати тундгароёна ва ифротии динї ба вусъати низоъ ва тўлонї шудани љанги шањрвандї сабаб гардид. Аслан нооромињои сиёсии дар Иттињоди Шўравї пањншуда ба њаракатњои ба истилоњ «демократии» љумњурињо такон бахшида, дар фазои ќонуншиканињо мардум33


Њадяи сарнавишт

ро ба бероњагии сиёсию иљтимої рањнамун мекарданд. Ба аќидаи баъзе муњаќќиќон ва сиёсатшиносон, ин нооромињо, беобрў шудани њизби ваќт ва дар нињояти кор пош хўрдани Иттињоди Шўравї натиљаи хиёнати роњбарияти Њиз­ би Коммунисти Иттињоди Шў­равї, пеш аз њама Михаил Горба­чёв, Александр Яковлев ва њам­сан­ гарони онњо буд. Албатта, агар аз мавќеи диалектика ба воќеањои таърихї назар афканем, равшан хоњад шуд, ки њељ мављуде ва падидае, аз љумла, давлатњои бузург доимї нестанд. Ќонуни умумитабиї чунин аст, ки њар чизе, ки ибтидо дорад, интињо низ дорад, фаќат умри падидањо метавонанд дар нисбати њам кўтоњ ё давомдор бошанд. Дар нисбати Иттињоди Шўравї низ, ба мисли давлатњои бузургу империяњои собиќ амали ин ќонун њатмї мебошад. Вале пештар аз њама сухан дар бораи омилњои субъективї меравад, ки ин равандро тезонида, ба тарзи фалокатбор Иттињоди Шўравиро барњам доданд. Дар ин бора аќидањо гуногунанд. Чу­н ончи, яке аз донишмандони муосири рус Александр Зиновев, ки бинобар аќида­њ ои дисидентї Иттињоди Шўра­виро тарк карда буд ва баъди фурў­ пошии он ба Мас­кав баргашт, асарњои зиёде таъ­­лиф карда, ба хулосае омада­аст, ки Ит­тињоди 34

Шўравиро душманонаш бо дасти роњбарони хиёнатпешааш бўѓї ва нобуд карданд.Александр Зиновев менависад: «Иттињоди Шўравї на аз он сабаб фурў пошида шуд, ки созмони иљтимоии Ѓарб комилтар буд, балки ба сабаби маљмўи шароити таърихї, аз љумла бартарии ќувваи душман, аблањї ва тарсуии њукуматдорони шўравї, хиёнати оммавї ва ѓайра фурў рафт…Мо имрўз кўдакии беѓам ва боварии бузургсолонро ба оянда гум кардем. Мо кам њам бошад, њама чизро доштем ва он кафолатдодашуда буд. Дар назари мо ин кафолат доимї, гўё неъмати табиат буд, гўё ба мисли обу њаво буд…Мо ба њукумат норозиёна дод мезадем, чунон ки кўдакон ба падару модар барои манъ кардани чизе ва ё љазо додан барои вайрон кардани ќоидае. Чи ќадар мо сода будаем!»1 Олими дигари машњур, сафири собиќи Федератсияи Русия дар Тољикистон Рамазон Абдулатипов дар яке аз асарњояш бо истинод ба Доминик Муази навиштааст: «Инсон моњияти глобалиро касб намуда, худро гум кард. Љањони муосир бо њодисаи «низои эњсосњо» рў ба рў шуд. Љањони Ѓарб дар бањри тарсу њарос ѓарќ шудааст, арабњо ва мусулмонон ба гаравго-

Александр Зиновьев. Русская трагедия. -М., 2007, с.227-232.

1

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

ни фарњанги тањќиршаванда табдил ёфтаанд».1 Мардуми Иттињоди Шўравї бозсозиро ба хубї ва гарм истиќ­ бол кард. Натиљаи он буд, ки мувофиќи раќамњои оморї сол­ њои 1987-88 нишондињандањои иќ­ тисодї хеле баланд шуданд, яъне аз љињати иќтисодї имкониятњои Ит­тињоди Шўравї њамчун давлати муќтадир њанўз бузург буд. Вале дар сиёсати кадрї ва бай­ нимиллї камбудњои љиддї содир шуд, њатто пеш­нињоди «мубодилаи кадрњо» низ якљо­ниба сурат гирифта, ашхоси нолоиќ ва риш­ васитон аз гўшаю канори Русия ба љумњурињо, аз љумла, ба Тољи­ кистон омада, зиддиятњои миллиро барангехтанд. Дар Љумњурии Тољикистон бар замми ин мањалгарої ављ гирифт ва њаракати демократисозї аз тарафи нерўњои ифротгаро ва шўњратталаб ба беобрўсозии роњбарони сатњњои гуногун табдил ёфт. Албатта, дар байни роњбарони љумњурї ва маќомоти гуногун шахсони нолоиќ ва ба вазифањои масъул носазовор низ буданд. Вале дар мављи ошўбњо, сухан­ронињо ва маќолањои публисистии он давра танќиди созанда ва беѓаразона камтар љой дошта, популизми сиёсї афкори оммаро фаро мегирифт. Пойтахти Рамазан Абдулатипов. Воля к смерти. -М., 2007, с.5.

1

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

кишвар - шањри Душанбе маркази ифротгарої ва табаддулотхоњони давлатї шуда буд. Баъзе зиёиёни дунявї тањти таъсири ифротгароён ќарор гирифта буданд. Иљлосияи ХУ-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ки дар моњи августи соли 1992 баргузор шуда буд, фаъо­ лияти нерўњои оппозитсиониро њамчун амали зиддидавлатї арзёбї намуд. Баъд аз иљлосияи номбурда вазъият боз њам вахимтар гашта, нерўњои зиддидавлатї ба фаъолияти васеъ ва ќонуншиканї пардохтанд ва хатари аз байн рафтани на танњо давлати дунявї, балки умуман давлати тољикон ба вуљуд омада буд. Аз љониби баъзе ашхоси алоњида беобрўсозии роњбарон ба амали оддї таб­дил ёфта, ваќте буд, ки эњсос бар аќл боло гирифта, мантиќ ќурбони сафсата шуда буд. Сиёсати хирадмандона дар муќобили сиёсатбозии ѓаразолуд нотавон шуда буд. Мутаассифона, баъзе кормандони илмї ва устодони мак­табњои олї низ ба фаъо­ лиятњои ѓай­риќонунї ва зиддидавлатии гурўњњои ифротї пайваста буданд, ки боиси гумроњсозии ќис­ ме аз зиёиён гардида буд. Дар оѓози истиќлолияти давлатї, мута­ассифона, мањалгарої, мансаб­ та­лошї, демократиябозї ва таассуби динї бо њам омезиш пайдо карданд ва ра­ванди њодисањоро ба сўи фољиаи мил­лї рањнамун 35


Њадяи сарнавишт

сохтанд. Тољикистон дар њолати парокандагї ва нобудшавї ќарор дошт. Ќуввањое буданд, ки Шимолу Љануби Тољикистонро мехос­ танд људо кунанд ва дар нињояти кор аз байн баранд, маќсадеро, ки солњои 20-уми асри ХХ дигарон иљро кардан натавониста буданд, бо истифода аз ин вазъияти бебандуборї дар охири асри ХХ мехостанд амалї намоянд. Љомеаи Тољикистон ба оромї, сулњу вањдат, ки асоси баќои давлат ва истиќлолияти он аст, чун обу њаво ниёз дошт. Аз њамин лањзањо њаракати фаъолонаи умумихалќї барои дифоъ аз Конститутсия ва њифзи вањдати халќи Тољикистон оѓоз ёфт. Дар Ду­шанбеи ноором ва беамн фаъолияти маќомоти њукуматї ва ќонунгузорї ѓайриимкон шуда, њокимияти давлатї комилан фалаљ гардида буд. 2. Иљлосияи ХУ1-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон: наќш ва ањамияти он. Дар њамин давра баргузор шудани Иљлосияи XVIуми Шўрои Олї дар шањри Хуљанд ва ба маќоми Раиси Шўрои Олї интихоб шудани шахсияти њанўз дар арсаи сиёсати бузург кам­ таљ­риба, вале љасуру вафодор ба ањдофи олии истиќлолияти дав­ латї ва вањдати мил­л ї наќши бузурге дар тањаввулоти сиёсї ва иљтимоии кишвар бозид. Ин шахс Эмомалї Рањмон буд, ки до36

рои хислатњои ѓайриоддї буда, дар он лањзаи њалкунандаи буду нобуди давлату миллат тавонист роњи наљотро љустуљў карда, барои барќарории сулњу вањдати миллї ва эљоди давлати навини њуќуќбунёд, демократї, дунявї ва ягона љомеаро сафарбар намояд. Албатта, дар пањлўи ў аз љониби њукумат ва парламент шахсиятњое мисли Т.Назаров, М.Убайдуллоев, А.Достиев, А.Азимов, С.Салимов, С. Зуњуров, Ш.Зуњуров, И.Усмонов ва дигарон љамъ омада, дар музо­ кирањои байни тољикон фаъолона сањм гирифта, барои татбиќи сиёсати сулњ ва вањдати миллї кори пурсамарро анљом доданд. Ќарорњое, ки дар ин иљлосия ќабул шуданд, асоси барномавии фаъолияти маќомоти давлатиро дар кишвар муайян намуданд. Аъзои Њизби Коммунистии Тољикистон, ки дар он солњо нерўи нисбатан ќавї дар кишвар буданд, аз ин раванд пуштибонии љиддї мекарданд. Имрўз гоњо ба мушоњида мерасад, љавонон гузаштаи на чандон дури халќи худро фаромўш мекунанд. Бинобар ин ёдовар шудани љараёни муборизаи умумимиллї барои сулњу вањдат зарур аст ва тарбияи вањдатдўстї ва маънавии љавонон бояд аз масъалањои нињоят муњим бошад. Муќовимати мусаллањона дар љумњу­р и­а мон харобињои зиёд овард, риштаи њаёти одамони «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

нињоят зиёди бегуноњ, махсусан љавононро канд. Ин муќовимат амалан то соли 2000-ум давом ёфт, зеро силоњдорони ѓайриќонунї то ин ваќт гоњ-гоњ бар зидди њукумат амал мекарданд ва зиндагии мардумро дар баъзе минтаќањо ноором менамуданд. Љанги шањрвандї боиси бадбах­ тињои миллї шуд, ки оќибатњои ногувори онро њељ гоњ фаромўш кар­д ан нашояд. Ќатъ гардондани он ва ба низоми мўътадил ворид шудани давлату кишвар муваффаќияти хеле бузурги халќи мо мебошад. Бинобар ин вањдати миллї асоси осудагї ва ободии зиндагї буда, ба ќадри он расидан, онро њифз кардан кафолати хушбахтии наслњои имрўзу оянда мебошад. Бояд гуфт, ки вањдати миллї асосњои сиёсї, њуќуќї, иќтисодї, иљтимої ва маънавї дорад. Бе њаллу фасли проблемањои тањкимбахши ин асосњо вањдат ноустувор мешавад. Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки 27-уми июни соли 1997 аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмом­ алї Рањмон ва роњбари Иттињоди нерўњои мухолифин марњум Сайид Абдуллоњи Нурї дар Маскав ба имзо расида буд, љамъбасти мулоќотњо ва бањсу мунозирањои зиёд барои ба њадафи нињої - сулњу вањдат ноил шудан буд. Њамзамон Созишномаи мазкур барои фаъоли«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

яти якљояи њар ду љониб роњ кушод ва механизми амалисозандаи он Комиссияи оштии миллї дар муддати беш аз дуним сол вазифањои муњимро анљом дод. Сулњи тољикон намунаи ноди­ ри сулњ­о фаринї дар таљрибаи байналмилалї буд. Он аз бадномии љангзадагї ба сулњу оштиофаринию некномї овард, њатто намунаи њалли муваффаќонаи низоъњои сиёсї ва низомї дар љањони муосир гардид. Дарки масъулияти олї барои таќдири миллату давлат буд, ки њар ду љонибро ба њам овард ва дар паси як миз ќарор дод. Натиљаи он имрўз маълум аст, ки њаёт осудатар, љумњуриамон ободтар, дар арсаи љањонї маќоми хосси худро касб менамояд. Комиссияи оштии миллї барои иљрои протоколњои мутааллиќ ба Созишномаи умумї кори зиёдро анљом дод. Ин Комис­сия аз 26 нафар, аз њар љониб 13-нафарї иборат буд. То имрўз, мутаассифона, чанде аз аъзои Комиссияи оштии миллї С.А.Нурї, М.Њимматзода, Њ.Пўлодов, Љ.Ниёзов, Т.Рањмонов, Њ. Сан­гинов, О. Латифї њаётро падруд гуфтанд. Онњо барои пешрафти кори сулњ ва вањдат дар кишварамон хидмати арзанда карда буданд. Комиссияи оштии миллї зуд-зуд љаласа доир карда, масъалањои рўзмарра ва ояндаи сулњи тољиконро муњокима 37


Њадяи сарнавишт

мекард. Баъзан бањсњо шадид ва тўлонї мешуданд, вале ба њалли масъалањо аъзои Комиссияи ош­ тии мил­лї ноил мегардиданд. Ба њисоби ноаниќи инљониб комисссияи мазкур дар давоми фаъолияти худ бештар аз 130 љаласа доир карда буд. Дар натиљаи фаъолияти якљояи њар ду љониб бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ва маќомоти њукуматї, ёрии созмонњои байнал­ милалї, махсусан Созмони Милали Муттањид ва Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо ва намояндагони кишварњои кафили сулњ масъалањои душвортарин њаллу фасл шуданд. Гоњо эњсос мешуд, ки ќуввањое ба пешрафти кори Комиссияи оштии миллї халал мерасонданд, вале њусни нияти аъзои комиссия ва садоќат ба сулњу вањдати миллї њар гуна монеањои эљодшударо бартараф мекард. Муњољирон аз Афѓонистон ва давлат­њои дигар ба Ватан баргардонда шуданд, таѓийру иловањо ба Кониститутсияи Љумњурии То­ љикистон ворид карда шуда, аз тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул шуданд, парламенти дупа­ латагї ва касбї таъсис ёфт, ба фаъ­олияти њизбњои сиёсии манъшуда иљозат дода шуд, дастањои мусаллањи ИНОТ дар ќуввањои мусаллањи давлат шомил гардиданд, намояндагони ИНОТ ба вазифањои давлатї таъин шу38

данд, ќонуни афв татбиќ шуда, иштироккунандагони даргирињои шањрвандї аз њабс озод карда шуданд, зиндагї ба маљрои табиии худ ба тадриљ ворид гардид. Гуфтугўи байни тољикон бомуваффаќият анљом ёфт ва Комиссияи оштии миллї вазифаи худ­ ро иљро кард. Имрўз мебинем, ки шањрњо, ноњияњо, дењањо обод мешаванд, хонањои исти­ќоматї, мактабњо, масљидњо, дониш­г оњ­њ ои нав, муас­с исањои соњањои иљти­м ої сох­та мешаванд, Тољикистон аз мањ­дудиятњои коммуникатсионї ва энер­гетикї берун мебарояд, роњ­њои муо­­сир эъмор мешаванд, проб­лемаи озу­ќаворї њалу фасл мешаванд. Оќибат­њои харобиовари офатњои табиї бо мут­тањидии љомеаи кишварамон бартараф мегарданд. Чорабинињои бузурги сиёсї, илмї, фарњангї баргузор шуданд, ки гувоњи боло рафтани обрўи То­љикистон дар сатњи байналмилалї ме­бошанд. Ташаббусњои ањамияти њаётии љањонидоштаи Тољикистон, ки аз тарафи Сарвари давлат эълон гардиданд, аз љониби созмонњои бонуфузи байналмилалї эътироф ва пазируфта шуданд. Ин самараи арзишманди вањдати миллї мебошад. Дар самти худогоњии миллї, омўзиши таъриху фарњанги миллї корњои зиёде сурат мегиранд, ки ифтихори миллиро боз њам афзун «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

мекунанд. Баргузории чорабинињои бузурги байналмилалї обрўю эътибори Тољикистонро њамчун кишвари соњибтамаддун, дорои таъриху фарњанги бостонию ѓанї баланд бардоштанд. Ин дастовардњоро мо ба насли љавони кишвар њамеша бояд ёдовар шавем, дар зењнаш њисси ифтихори миллї ва ватанпарастиро устувор созем, чунки љавонон нерўи мутањаррик ва зуд­таѓйирёбандаи љомеа њастанд, ња­ќиќатро ба онњо бо эњ­тиёт ва боварибахш фањмондан ва масъулияташонро дар назди Ватану миллат доимо зикр кардан зарур аст. Љавонон ба илму фарњанг, вар­ зиш рў меоваранд, бо љањони муо­ сир ошно шуда, муошират мекунанд, ба хориљи кишвар сафарњо мекунанд, љањонбинии навро доро мегарданд. Албатта, зиндагї бе душворї нест. Имрўз њама медонад, ки муњољирати мењнатї зиёд аст, дар соњањои буљетї маош кофї нест, дар љомеа ришваситонию бюрократизм љой дорад, њатто ин камбуди љиддї боиси ташвиши њукумат мешавад. Албатта, чунин амалњои нољо ва ќонуншиканињо боиси маъюсї ва ноустувории мавќеи шањрвандии ашхоси њуќуќашон поймолшуда мегардад. Ва ин метавонад заминаи ба афкору амалњои созмонњои тундрав майл кардани гурўњњои бетаљруба ва содаи ањолї гардад. Аз ин љињат ташаккули љањон­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

бинии воќеии илмии муосир зарурати таъхирнопазир мебошад. Роњи тараќќиёти босуботи кишвар дар низоми Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва љањони муосир давлати дунявї мебошад. Бинобар ин бо арљгузорї ба арзишњои динї ва эњтиром ба дини мубини ислом тањкими асосњои давлати дунявї ва ташаккули љањонбинии илмї амри зарур мебошад. Ба њама маълум аст, ки дар давраи љањонигардонї проблемањо ва мушкилоти зиёд ба вуљуд омадаанд, ки инсониятро имрўз ба ташвиш овардаанд. Кишвари мо низ дар ин шароити њассос муш­ килињои худро дорад. Рафъи кам­будњо ва њалли проблемањои муњим­тарини иќтисодї, иљтимої, фарњангї ваќти муайян мехо­њад. Ин мушкилињо бартарафшаванда њастанд. Муњимтарин шарти ободию осудагии кишвар ва њар хонавода ин оромї, осудагї ва дар фазои амният зиндагиву кор кардан аст. Дар ин самт кор­њои муфиди њукуматро бояд зикр кард. Дар замони муосири љањонишавї, ки проблемањои зиёде дар назди инсоният, махсусан кишварњои рўбаинкишоф, ќарор доранд, таъмини вањдати устувору эътимодбахши миллї ва амнияти давлатї ањамияти њаётї дорад ва аслан ин масъалаи њаёту мамоти њар давлат ва миллат мебошад. Ба вуљуд омадани дунёи якќутбї му39


Њадяи сарнавишт

возинати ќуввањоро таѓийр дода, проблемањои навро дар дунё ба миён овард Як назар андохтан ба вазъи Афѓонистон, Либия, Ироќ, Миср, Покистон кофист, ки авзои хавфноки минтаќа ва љањон маълум гардад. Танњо дар муњити вањдат ва њамбастагии умумимиллї ободї ва осудагї имконпазир хоњад шуд. Хушбахтона, вазъи сиёсию иљ­ тимої дар кишвари азизи мо усту­ вортар, эътимодбахштар ва мус­ тањ­камтар мегардад. Танњо дар шароити мусоид тафаккури солим ва созанда ташаккул меёбад ва њамаи афроди љомеаро фарогир мешавад Вазифаи њамаи ањли љомеа, оила, маќомоти давлатї, њизбњои сиёсї ва созмонњост, ки насли навро дар рўњи вањдату сулњу созандагї тарбият кунанд, моњияти фољиаи азсаргузаронидаро хубтар фањмонем, то ќадри сулњу вањдат ва истиќлолро љавонон амиќ дарк кунанд. Зеро чунон ки ќайд кардем, дар љавонї инсон зудтар тањти таъсири эњсосот ќарор мегирад, дўсту душманро ба зудї фарќ намекунад, асири шиорњои фиребандаи ѓаразнок мешавад. Њамаи

40

шањрвандони кишвар, миллатњои дар Тољикистон со­кинбуда фарзандони њамин Ватан њас­т анд, њуќуќи баробар ва комил доранд ва бояд масъулияти баробар низ дошта бошанд. Дўстона, бародарона зиндагї кардан, Ватани хешро обод кардан, вањдати миллиро тањким бахшидан, аз як гиребон сар баровардан ва манфиатњои олии халќамонро њимоя кардан вазифаи виљдонї, инсонї ва таъ­р ихии намояндагони њамаи мил­л атњо мебошад. Ќарорњои сарна­виштсози Иљлосияи ХУ1уми Шўрои Олии Љумњурии Точикистон ба­рои тањкими сулњу вањдат ва истиќ­лолияти давлатии халќамон наќши њалкунанда бозиданд. Таљлили бистумин солгарди иљлосияи мазкур аз як тараф арљгузорї ба фаъолияти вакилони онваќтаи мар­думї бошад, аз љониби дигар барои бедории сиёсї ва ќарзи ватанпарастонаю виљдонии њар фарди кишвар барои њифзи вањдат ва оромии Ватанамон ва халќи азиятдидаи он дастури муњиме мебошад.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

Фозил ТОЊИРОВ, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон

Омили рушди ќонунгузории миллї дар кишвар Иљлосияи таќдирсози ХVI-уми Шў­р ои Олии Љумњурии То­љ и­ кистон ва санадњои њуќуќии он ба­рои њифзу нигоњдории давлатдории миллї ва рушди институтњои демократї дар Тољикистон омили муайянкунанда гардид. Тањлил ва баррасии санадњои њуќуќии 1 љаласа нишонгари он аст, ки чунин меъёрњои воќеиеро фаро мегиранд, ки барои берун омадани кишвар аз хатарноктарин бўњрон ва пешравии он бо роњи инкишофи муосир ба љониби љомеаи шањрвандї, дав­латдории демократї, њуќуќї ва дунявї мусоидат намуданд, ки бар 1

Ин маќола бар асоси санадњои меъёрї-њу­ ќуќие тањия гардидааст, ки дар «Ахбороти Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон», №№ 21-23, соли 1992 ва №№ 1-3, соли 1993 ба чоп расидаанд.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

он прин­сипњои таќсими њокимият бунёд нињода буд. Санадњои меъёрї-њуќуќии дар ин Иљлосия ќабулшударо метавон ба панљ гурўњ таќсим кард: 1) санадњои меъёрї-њуќуќии Шў­ рои Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи барќарор ва тањкими фаъо­лияти Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кис­тон; 2) санадњои меъёрї-њуќуќии Шў­ рои Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи барќарор намудани фаъо­лияти маќомоти њокимияти дав­л атї ва идораи давлатї, аз љумла, фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва тартибот; 3) санадњои Шўрои Олии Љум­ њу­рии Тољикистон, ки барои комёб шудан барои сулњ ва ризоияти миллии халќњои Тољикистон равона шудаанд; 41


Њадяи сарнавишт

4) санадњои меъёрї-њуќуќие, ки барои њифзи нигањдории њуќуќ ва озодињои шањрвандон, барои њифз ва тањкими истиќлоли давлатии Љум­њурии Тољикистон равона шудаанд; 5) санадњои меъёрї ва њуќуќї дар соњаи фаъолияти байналмилалии Љумњурии Тољикистон. I. Нисбат ба гурўњи аввали са­ над­њо метавон гуфт, ки онњо пеш аз ња­ма бо зарурати барќарорсозии фаъо­лияти мўътадили маќомоти на­моян­дагии њокимияти кишвар боис гардида буданд. Яъне, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќоми намояндагони халќии Љумњурии Тољикистон»» ба моддаи 8-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон таѓйирот ворид гардид, ки изњор медорад: «Салоњияти намояндагон бо ќарори Шўро ќатъ мегардад, ки он вобаста ба интихобот ё таъйини намоянда ба вазифае, ки ишѓол намудани он аз рўйи ќонун барои анљом додани салоњияти намояндагї номуносиб мебошад, ё ба сабаби њукми ќонунї гирифтани њукми судї нисбати он шахсе, ки намоянда мебошад ва инчунин ба сабаби баромада рафтани намоянда (депутат) барои зисти доимї ва анљоми вазифа берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон, таѓйири ќобили ќабул мебошад».1 Ниг. «Ахбори Шўрои Олии Љумњурии То­ љи­кистон», соли 1992 №21-22, м. 277. -С.37.

1

42

Бар асоси таѓйироти номбурда дар ќонун ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар барои ќатъи пеш аз мўњлати салоњиятњои намояндагони халќии Љумњурии Тољикистон дар њавзањои алоњидаи интихоботї» ба сабаби баромада рафтани онњо барои зисти доимї ва кор берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон ќабул гардид. Инчунин бо ќарори алоњидаи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 19-уми ноябри соли 1992, № 283, мутобиќи моддаи 109 Конститутсияи ЉШС Тољикистон (соли 1978) ва моддаи 59-уми Регламент (Низомнома)-и Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва бар асоси натиљањои овоздињии махфї Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон А.И.Искандаров аз вазифа озод карда шуд. Бо Ќа­ рори Шў­рои Олии Љумњурии То­ љикистон дар њамон рўз дар асоси натиљањои овоз­дињї (махфї) Рањмонов Эмомалї Ша­рифович Раиси Шўрои Олии Љум­њурии То­ љикистон интихоб гардид. Бо пешнињоди Раиси Шў­рои Олї Э.Ш.Рањмонов «Муро­љ и­ атнома ба кишварњои ИДМ дар мавриди ворид намудани нерў­њои сулњофарин ба Љумњурии То­љи­ кистон» (аз Федератсияи Ру­сия, Љумњурии Ќазоќистон, Љум­њурии Ќирѓизистон, Љумњурии Ўзбе­кис­ тон) ќабул карда шуд. Дар он замон фаъолияти маќомоти њифзи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

њуќуќи кишвар комилан фалаљ шуда буд, илова бар ин онњо худро нисбат ба љонибњои даргир ва мухолиф бетараф эълом карда буданд. Суоле ба миён омад: чї гуна метавон тартиботи зарурии љамъиятиро дар љумњурї таъмин кард ва бояд роњбарияти кишвар барои њифзи якпорчагии љумњурї чї корњои заруриеро анљом дињад? Ќарори ягонаи оќилона даъват намудани кишварњои њамсоя барои ёрї расонидан буд. Аз љум­ла, санад­њои њуќуќии Иљло­ сияи ХVI-уми Шў­рои Олии Љум­ њурии Тољикистон дар Хуљанд ќа­рори Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон аз 20-уми ноябри соли 1992 «Дар бораи ќабул намудани истеъфои Рањмон Набиев аз вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи озод намудани Акбар Мирзоев аз вазифаи Сарвазири Љум­њу­рии Тољикистон», «Дар бораи ќабул намудани истеъфои аъзои Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани масъалаи институти њокимияти президентї дар Љум­њ урии Тољикистон ба рўзномаи љаласаи ХVI-уми Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон даъвати XII (аз ноябри соли 1992, № 694)», «Дар бораи интихоботи раисони кумитањо ва комиссияњои доимии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба њайати «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

кумитањо ва комиссияњои Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон (аз 30-юми ноябри соли 1992)», ки ба онњо асосан кумита ва комис­ сияњои Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон пурра гардиданд. Дар ин љо мебояд ба як нуќта ва масъалаи хеле муњим – дар бораи ворид намудани таѓйирот ва иловањое, ки дар Иљлосияи ХVIуми Шўрои Олї ба конститутсияи дар он замон амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар хусуси институти Президентї – таваќќуф кард. Моњияти таѓйироту иловањо ба конститутсия аз он иборат буд, ки амалан институти Президентї дар кишвар муваќќатан бекор карда шуд ва салоњиятњои Президент дар миёни Раиси Шўрои Олї, Шўрои Вазирон ва Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон таќсим гардид. Ба роњбарияти Љумњурии Тољикистон бо сарварии Э.Ш.Рањмонов баъди ду сол фаъолияти бољидду љањд ва самарабахш барои њаллу фасли масъ­алањои ѓайримуќаррарї лозим омад, ки бо роњи раъйпурсии њама­гонї аввалин бор дар таърихи халќи тољик ќонуни асосї - Консти­т утсияи (Сарќонуни) Љумњурии соњиб­ истиќлоли Тољикистонро ќабул ва Президенти кишвар - кафили сохти конститутсионї, рамзи ягонагии миллат ва давлатро интихоб кунад. II. Нисбат ба санадњои гурўњи дую­ми њуќуќии Иљлосияи ХVI43


Њадяи сарнавишт

уми Шў­рои Олии Љумњурии То­ љикистон мета­вон гуфт, ки онњо бо санадњои њу­ќуќии гурўњи аввал пайванди ногу­сас­танї дош­ танд ва амалан идомаи онњо дар кори барќарорсозии фаъолияти мўътамади маќомоти њокимият ва идора, аз љумла, маќомоти њифзи њуќуќ буданд. Њамин гуна буданд як силсила ќа­рор­њои Шўрои Олии Љумњурии То­љи­кистон дар бораи аз вазифа сабукдўш намудани љонишинњо ва аъзои Суди Олї ва судњои вилоятї, судњои як ќа­тор шањру ноњияњои љумњурї, ки бо са­бабњои маълум ё кишварро тарк кар­даанд ва ё худ­ ро њамчун шахси бе­са­лоњият ва бемасъулият нишон дода­анд. III. Ба гурўњи сеюми санадњои њу­ќуќии Шўрои Олии Љумњурии То­љи­кистон мо санадњоеро мансуб медонем, ки барои дастёбї ба сулњ ва ри­зоияти миллии халќњои Тољикистон ра­вона шудаанд. Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љум­њ урии Тољикистон њамчун самти бебозгашт дар роњи ќатъи љанги бе­њ адаф њифзи миллати тољик, ташаккули давлати миллии њуќуќї, демократї ва дунявї дар Тољикистон ба таърихи халќи тољик ворид гардидааст. Дар ин самт санадњои ба таври ис­т исної муњими Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон инњо мебошанд: ќарор «Дар бораи мурољиати Шўрои 44

Олии Љумњурии Тољикистон ба њизбњои сиёсї, њара­катњо ва итти­ њодияњо, ба тамоми шањр­ван­дони љумњурї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи эълони рўзи 26-уми ноябри соли 1992 Рўзи Сулњ ва ризоияти миллии халќњои Љумњурии Тољикистон». Ин санадњо аз љониби Э.Ш.Рањмонов ба сифати Раиси Шўрои Олї ва иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољи­кистон ба имзо расидаанд. Дар он рўзњои таърихии фаъолияти Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон бунёд ва асоси ягона барои ризоияти шањрвандї фањмиш ва дарки зарурати наљот додани љумњурї аз њалокат ва фалокат буд. Аз ин рў «ризоияти (консенсуси) манфї», ки дар хусуси он сиёсатшиносон, њуќуќдонон, таърихнигорони зиёде сухан мегуфтанд дар роњи комёб шудан ба муваффаќият дар нињояти кор тавре ки интизор мерафт, аз рањбарияти кишвар кў­ш иш­њ ои зиёд ва ќабул намудани чорањои ѓайримуќаррарї ва муассирро таќозо намуд. Дастоварди сулњ, ризоияти миллї ва шањрвандї дар Тољи­ кистон њамчун зуњуроти нодиру нотакрор дар њаё­ти сиёсї-њуќуќии љањонї ба шарофати ташаккули чунин олотњо ва во­ситањои муассире чун Комиссияи созиш ва ризоияти миллї, иборат аз на«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

мояндагони Њукумати Љумњурии Тољикистон, иттињоди мухолифони тољик, бо ширкати нозирони бай­налмилалї, Ќарордод дар бораи ри­з оияти љамъиятї дар Тољикистон им­конпазир гардид. Њадаф ва вазифа иборат аз он буд, ки ањолии кишвар, њизбњои сиёсї, љунбишњо ва њаракатњои љамъиятї ва иттињодияњо кўшишњои Шўрои Олї ва Њукуматро дар мавриди истиќрори сулњ ва тартибот дар кишвар дастгирї намоянд. Дар ин хусус мурољиати дар боло номбурдаи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон низ ёдовар шудааст. Мањз њамин гуна дастгирї ва пуш­тибонї ба Раёсати Шўрои Олї ва Хукумат ёрї расонд, ки чорањои за­рурї ва муассирро барои берун шудани љумњурї аз бўњрони сангини сиёсї, иќтисодї ва иљтимої ќабул намоянд ва самтњои рушд ва инкишофи Тољикистонро дар шароити нави иљтимої-иќтисодї муайян созад. Моњиятан самтњои асосии фаъ­ олияти давлатї оид ба таъмини истиќ­л оли давлатдории на­ вини тољик ва бунёди давлати демократї, њуќуќї ва дунявї дар Тољикистон, ки онњоро дар Иљ­ лосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон намояндагони мардумї Ќонун «Дар бораи эълони рўзи 26-уми ноябри соли 1992 Рўзи сулњ ва ризоияти миллии халќњои Љумњурии Тољикистон»-ро «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

ќабул намуданд. Сипас барои амалисозии комили ќонуни номбурда барои халќи тољик бо сарварии пешвои худ зарурате пеш омад, ки таќрибан 5 соли дигар пай дар пай пайкори худро идома дињад, то ин ки 27-уми июни соли 1997 ризоияти умумиро дар бораи сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ба даст орад. IV. Ба гурўњи чоруми санадњои њу­ќуќии Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон метавон санадњои меъёрї-њуќуќиеро дохил намуд, ки барои нигоњдорї ва њиф­зи њуќуќ ва озодињои шањр­ вандон, тањ­кими истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон равона гардидаанд. Ба чунин санадњо Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи тасдиќи фармони и.в. Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи љорї намудани вазъияти фавќулодда, ваќти коммендантї дар њудуди шањри Душанбе» (аз 27уми ноябри соли 1992, № 715), «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи хариди пахта ва мањсулоти дигари кишоварзї» (аз 27-уми ноябри соли 1992, № 734), «Дар бораи равон намудани гурўњи намояндагони халќии Љумњурии То­љикистон ба мањалли Айвољ барои гуфтушунид бо љонибњои даргир» (аз 27-уми ноябри соли 1992, № 735), «Дар бораи њифзи иљтимоии шахсоне, ки бар асари низоъњои мусал­лањонаи 45


Њадяи сарнавишт

минтаќањои алоњидаи љум­њурї осеб диданд» (аз 27-уми ноябри соли 1992, № 736), «Дар бораи андози даромад аз шањрвандони Љум­њурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї» (аз 23уми ноябри соли 1992), Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон (аз 25-уми ноябри соли 1992) ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озод намудани шахсони масъул аз љавобгарии љиноятї, интизомї ва маъмурї, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 дар минтаќањои низоъњои мусаллањона љиноят содир кардаанд» (аз 25-уми ноябри соли 1992, № 728). Дар охирин санади њуќуќї ма­ ќо­моти олии Њукумати кишвар вазифадор мешуд, ки «бо маќсади боздоштани љанги шањр­вандї, пешгирии майлони минбаъдаи љумњурї ба вартаи фалокати миллї, барњам задани асос ва заминањои харобшавии иќтисодї ва љамъиятї-сиёсии давлат, тањкими сулњ ва ризоият, њам­дигарфањмї ва њамкории гу­ рўњњои мухталиф, дастањои љамъи­ ятї ва њизбњои сиёсї, таъмини фаъолияти мўътадили институтњои давлатї бо изњори башардўстї, Шў­рои Олии Љум­њурии Тољикистон ќарор мена­мояд: шахсонеро, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 дар минтаќањои низоъњои мусал­лањона љиноят ё амали носазо содир намудаанд, 46

ба љавобгарии љи­ної, интизомї ва маъмурї кашида на­шаванд».1 Дар рўзњои Иљлосияи ХVI-уми Шў­р ои Олии Љумњурии Тољи­ кис­тон намояндагони мардумї, масъулияти хешро барои ояндаи киш­вар дарк намуда, тамоми имконоти мављударо ба харљ доданд, ки роњи сулњ ва њамдигарфањмиро пайдо намоянд, вањдати миллї ва давлатро нигањ доранд. Моњияти таърихии санадњои њуќуќии Иљ­ло­ сияи ХVI-уми Шўрои Олии Љум­ њурии Тољикистон, ки аввалин хиштњои пойдевори боэътимоди бинои ояндаи давлатдории миллї ва демократиро дар Тољикистон гузоштааст, мањз дар њамин зоњир мегарданд. V. Гурўњи панљуми санадњои Иљло­сияи ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро њуљљатњо ва санадњои њуќуќие ташкил ме­ дињанд, ки мансуб ба фаъолияти байналмилалии Љумњурии То­љи­ кистон мебошанд. Дар миёни онњо маќоми махсусро Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъсиси Ќа­рор­дод оид ба амнияти даста­ љамъии давлатњо – иштирокиёни ИДМ» (аз 25-уми ноябри соли 1992, № 714) ва ду фармони и.в. Президенти Љум­њурии Тољикистон дар бораи таъйин намудани сафирони Ниг. «Ахбороти Шўрои Олии Љумњурии То­љи­кистон». 1992, № 23 (1032), с. 37-38.

1

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


Њадяи сарнавишт

муваќќат ва ваколатдори Љумњурии Тољикистон дар Давлати Исломии Афѓонистон ва Иё­лоти Муттањидаи Амрико ишѓол менамоянд. Агар миќёси њамкорињои бай­нал­ милалии Љумњурии Тољи­кис­тонро дар солњои аввали ис­тиќ­лолият ва пас аз дањсолањои рушди кишвар муќоиса намоем, метавон ошкоро дид, ки он хеле вусъат ёфтааст. Дар айни замон Љумњурии Тољикистон дар њаёти байналмилалї ширкати хеле фаъол дорад, онро расман 150 кишвари дунё ба расмият шинохтааст, ки бо аксари онњо њамкорињои чандљониба рушд ва инкишоф доранд. Њамчун субъекти њуќуќи байналмилалї ва давлати соњибистиќлол Љумњурии Тољикистон бо кишварњои дигар ќарордод ва созишномањоро мустаќилона ба тасвиб мерасонад. Дар њаљми як маќола имкон надорад, ки њатто ба таври мухтасар њар як санади њуќуќии ќабулкардаи Иљ­лосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љум­њ урии Тољикистонро тавсиф кард. Вале як натиљаи комилан муњим ва љамъ­басткунандае вуљуд дорад, санаде, ки мазмун ва моњияти тамоми иљлосия, яъне вазифањои зарурие, ки њаллу фасли онњо ба даст овардани комёбињои аввалини Тољикистон дар роњи демократия ва тамаддуни муосир мусоидат намуд, инъикос менамояд. Чунин санад мурољиати Раиси Шў­рои Олии Љумњурии То­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

љикистон Э.Ш. Рањмонов ба мардуми Тољикис­тон аз 12-уми декабри соли 1992 мебошад. Бе муњобот метавон гуфт, ки ин мурољиатнома дар худ тамоми он афкоре, ки дар иљлосия иброз гардида, заковати њамаи афроди соњиби аќли солимро ба њаяљон меовард, фаро гирифта буд. Илова менамоем, ки он мурољиат дар замони мо низ ањамияти худро аз даст надодааст, масалан, дар он ќисмате, ки дар бораи барќарорсозии фаъолияти тамоми корхонаву муассисањо, сохторњои хољагидорї, одамон ба кори муфиди љамъиятї ва рушду инкишофи корхонањои хурд ва муносибатњои бо­зорї дахл дорад, сухан меравад. Санадњои меъёрї-њуќуќии мавриди баррасї ќароргирифтаи Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шањодат бар љонибдорї ва пайравии Сарвари кишвари мо дар роњи рушди демократї мебошад. Бо роњи раъйпурсии умумї ќа­бул гардидани аввалин Конститут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии соњиб­истиќ­лоли Тољи­ кистон ва принсипњои давлати демократии аз љониби конститутсия тањкимёфта, ќадамњои аввалин ва ќатъї дар ин самт, тавре ки дар хусуси он Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар вохўрї бо зиёиён борњо равшану возењ изњор дошт, шањодат бар он аст, ки Љумњурии Тољикистон њанўз дар 47


Њадяи сарнавишт

марњилаи њаллу фасли вазифањои давлати демократї ќарор дорад. Бешубња, он чи тањкими конститутсионии волоияти њуќуќ, принсипи таљзияи њокимият, нисбатан пурра таъмин намудани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, прин­сипњои гуногунандешии наза­ риявї ва сиёсї ва силсилаи дигари муќаррароти конститутсионї, љустуљўи роњи нисбатан комил ва татбиќи босамари онњо дар њаёт, тањлили њамаљонибаи амалияи давлатї-њуќуќии кишварро таќозо менамояд. Ин аќида ва принсипњои пешрафтаи иљтимої-сиёсии давлатдории миллї ва демократї (давлати демократї метавонад танњо њуќуќї ва дунявї бошад) бояд бо назардошти хусусиятњои хоси гуногуншакли табиї, иљтимої, таърихии кишвари мо, бо бањисобгирии менталитети миллат таљассуми худро ёбанд. Аз ин нигоњ давлати миллии демократии тољикон аз давлатњои дигари њаммонанд бо хусусиятњои хоси миллї ва табиї-љуѓрофие, ки ба таври муносиб менталитети халќи тољикро ба њисоб мегирад, тафовут мекунад. Дар њаёт принсипњои умумии демок­ратї, њуќуќї ва дунявии давлат дар Тољикистон чї гуна татбиќ ме­гар­данд? Албатта, ин мавзўъ

48

ва масъала дарку фањми амиќ ва њама­љо­­нибаи њаёти воќеии љомеаро таќозо менамояд. Ба аќидаи мо, бо назардошти мав­ќеи геополитикии Тољикистон, прин­сипњои давлати демократї дар кишвар дар чањорчўбаи давлати миллї зина ба зина, бо роњи дастёбии комили вањдати миллї ва таъмини рушди муназзами љо­ меа, дар дўстї ва њамкорї, ќабл аз њама бо Федератсияи Русия ва кишварњои дигари ИДМ дар њаёт татбиќ мегардад. Чунки барќарорсозии давлати демократї бо сиёсати муайяни иљти­моие, ки дар Конститутсияи (Сар­ќо­нуни) кишвари мо тасбит шудааст, робитаи ногусастанї дорад. Дурнамои давлатдории миллї, ба назари мо, иборат аз амалисозии оќилона ва пайдарпайи прин­ сипњои давлати демократї ва иљ­ тимої мебошад. Бо роњи ќабул ва амалисо­зии Консепсияи (ѓояи асосии) дав­лати иљтимої, яъне бо роњи эъти­рофи масъулияти давлат барои бењ­б уди вазъи иќтисодї ва иљтимоии шањр­вандон, метавон пайдарњам ва зина ба зина бо роњи истиќрор ва тањкими дав­лат­ дории миллї ва демократї дар То­ љикистон њаракат намуд.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

Давлат ИМОМНАЗАРОВ, мудири Шўъбаи муассисањои тањсилоти умумии Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

МАВЌЕИ ТАЪЛИМИ РАВИЯВЇ ДАР ТАРКИБИ ОМЎЗИШУ ПАРВАРИШ Дар љањони имрўза масъалаи «Объекти дарккунї чист?» кайњо моњияти худро гум кардааст. Ягон объекти дарккунї вуљуд надорад. Мањорат пеш аз њама дар лањзањои гуногун ба таври шоиста намоиш дода тавонистани дониш ва камолоти маънавии хеш дар сатњи инфиродї ё дар гурўњњо (љомеа) мањсуб меёбад. У. МАТУРАНА

Таълими равиявї раванди фар­ди­кунонии таълим, ташкили ра­ванди тањсилот ва идораи фаъ­олияти хо­нан­дагон бо назардошти майлу ќоби­лиятњои инфиродии хонанда­гон мебошад. Таъ­ лими равиявї ба хонандагони муассисањои зиёди кишвар баъди хатми мактаби умумии асосї (синфи 9) дар синфњои 10-11 имконияти интихоби равияњои мушаххасро таъмин намуда, барои таълими босифату замонавї ва идораи босуботи он шароити мусоид фароњам месозад. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Тањсил дар зинаи дуюм (синф­ њои 5-9) њамчун заминаи воќеї барои идома додани тањсил дар мактабњои миёнаи умумї ё муас­ сисањои тањ­силоти миёнаи касбї мањсуб меёбад. Яке аз маќсадњои таълим дар ин зина тибќи сохтори системаи мукаммали махсусгардонидашудаи мављудаи кишвар асосан тайёрї ба таълими равиявї дар синфњои 10-11-и мактабњои тањсилоти миёнаи умумї мањсуб ёфта, ба фардикунонии раванди таълим ва иљтимоишавии хонандагон равона мегардад. Ва бо на49


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

зардошти талаботи воќеии бозори мењнат ва коркарду дарёфти равобити зинаи сеюми тањсилот бо муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї нигаронида мешавад. Зинаи дуюми тањсилот инчунин за­минаи идома додани тањсил дар мак­таби миёнаи умумї ё муас­си­ сањои тањ­силоти миёнаи касбї ба шумор меравад. Зинаи болоии мактаб шароити омодасозии љавононро ба иљрои вазифа­њои иљтимої (мењнатї, маъ­ рифатї, љамъи­ятї, хонаводагї ва ѓайра) таъмин месозад. Муайян кардани самтњои афзалиятноки тањсилот ва таълими равиявї (иљ­тимоию гуманитарї, илмию табиї, технологї) бо назардошти имко­ният­њои њайати педагогии муассисаи тањсилот, сохтори минтаќавии сис­т емаи тањ­силот, вежагињои муњити иљ­ ти­моиву фарњангї, анъанањои он ва њам­чунин пешбинии талабот ба мутахассисони дорои ин ё он сатњ анљом дода мешавад. Њамин тариќ, вазифаи педагогии таълими равиявї аз зинањои миёнаи асосї ва миёнаи умумї шакли анъанавии тањсилот нисбатан бо хусусиятњои љамъбастї, пайдарпайї, гуногуншаклї, таф­ риќаи зина ба зина ва равиявї, минтаќабандї, инфиродисозї ва

50

тамоили таљрибавию амалї тафовут дорад. Ба љараёни таълими равиявї инчунин технологияи нави иттилоотию иртиботї ва системаи љадиди арзёбии дастовардњои таълимии хонандагон ворид карда шуда,дастрасии фаврї ба њамаи захирањои иттилоотии системаи тањсилот, љараёни автоматиконии таълим (банаќшагирии электронї, дафтарњо, китобхонањои элект­ ронї, системаи электронии иртибот бо омўз­горону волидон, мониторинги натиљаи тањсилот ва ѓайра) таъмин ва истифода карда мешавад. Мактаби равиявї шакли асосии илмии татбиќи маќсадњои зерин мањсуб меёбад: – таъмин намудани омўзиши чу­ ќури барномаи фанњои алоњида дар муас­сисањои тањсилоти миёнаи умумї; – фароњам овардани шароити мусоид барои тафриќакунонии мазмуни тањсилот дар синфњои болої ва бо ваколатњо ва имко­ ниятњои васеъ бањ­раманд гардонидани хонандагон бањри интихоб ва сохтор (наќшањо)-и инфиродии онњо; – таъмини њамкорию ширкати њат­мии субъектњои раванди таълим: омўз­горон, хонандагон, волидон, Шў­роњои њамоњангсоз

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

ва ѓайра дар раванди таълими равиявї; – таъмини сатњи баланди фаъолияти хонандагон дар интихобу тарроњии роњњои дурусту самарабахши зиндагї ва ќаноатмандї аз интихоби равияи таълим муво­ фиќи ќобилият ва майлу хоњиш; – тайёр намудани хатмкунандагони мактаб ба њифзи барномањои муас­сисањои тањсилоти олї дар асоси ќо­билият, майлњои фардї ва талаботи шахсї; – васеъ намудани имкониятњои иљ­тимоии хонандагон, таъмини пай­дар­њамии омўзиши самарабахш дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, миёна ва олии касбї; – ташкили љараёни омўзише, ки ба таъмини рушди ќобилиятњои фардии њар як талаба нигаронида шудааст; – мутобиќшавии љавонон ба шароити зудтаѓйирёбандаи иљтимої ва њаёти љомеаи муосир. Талаботи љомеа ба равиякунонии таълим Идеяи асосии навсозии зинаи сеюми тањсилоти миёнаи умумии равиявї аз он иборат аст, ки тањсилот дар ин зина бештар фардї ва самарабахш гардонида мешавад. Таљрибаи тўлонї нишон медињад, ки аќаллияти хонандагон аз синни дери наврасї, «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

тахминан аз синни 15-солагї дар системаи тањсилот шароит барои ифода намудани хоњиш, ќобилият ва наќшањои ояндаи хеш дарёфт менамоянд. Тањќиќоти сотсиологї собит мена­мояд, ки аксарияти хонандагони зи­наи сеюми тањсилот (бештар аз 70%) тарафдори дониш­ азхудкунии фан­њои бунёдианд, вале мехоњанд ин фанњо, ки аз рўи интихоб ба ихтисоси ояндаи онњо марбутанд, даќиќ ва амиќ омўзанд. Таълими равиявї дар синфњои 10-11 ба сохтори тањсилот ва интихоби њаётан муњими бештари хонандагон мувофиќат менамояд. Дар ин раванд мавќеи муќаррарии њар чи бештар ва даќиќ донистани тамоми фанњои таълимии дар наќшаи таълимї нишондодашуда (химия, физика, математика, адабиёт, таърих ва ѓайра)-ро танњо то 25% хонандагон дастгирї менамоянд. Дар синни 14-15-солагї дар аксарияти хонандагон майли интихоби фаъолияти касбии оянда пайдо мегардад. Њамин тариќ хоњиши интихоби касб ва тањсили минбаъдаи хонандагони алоњида дар синфи 8 пайдо гардида, дар синфи 9 он идома меёбад, вале майли давом додани тањсил дар муассисањои олї вобаста ба интихоби инфиродии хонандагон дар охири соли тањсил, дар арафаи 51


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

хатм намудани синфи 9 устувор мегардад (натиљаи посухномањо). Албатта, дар шароити феълии кишвар хонандагон дар интихоби тањсил дар муассисањои тањсилоти олии касбї мавќеи муайян надоранд. Онњо касби ояндаи хешро бештар аз рўи њавою њавас ё хоњиши волидон интихоб менамоянд. Тахминан 20-25% хонандагон дар охири соли хониш (синфи 9) ба интихоби касби оянда то андозае мавќеи устувор пайдо мекунанд. Баъди гузариш ба таълими равиявї он ба куллї таѓйир хоњад ёфт. Дар муассисањои олии кишвар на­зари устувор оид ба тайёрии махсуси иловагї барои гузаштан аз оз­моиш ва тањсили минбаъда дар дониш­гоњњо мављуд бошад њам, таълими му­ќар­рарии ѓайриравиявии хонандагони синф­ њои болої дар муассисањои тањ­ силоти миёнаи умумї ба вайрон гардидани ин алоќа оварда мерасонад. Кандашавии алоќаи тарафайн ба пайдо гардидани курсњои тайёрии бешумор,таъсиси литсейю гим­на­зияњо дар назди донишгоњњо ва до­нишкадањои олї, литсею гим­ назияњои зиёди давлатию хусусї, курсњо, мар­казњои зиёди таълимї ва маш­ѓулиятњои иловагии пулакї дар ин намуди таъ­лимгоњњо зами52

на гузоштааст, ки на­тиљаи онњо ба сарбории бењадду њу­дуд, расонидани зарар ба саломатии љисмонї ва равонии хонандагон оварда мерасонад. Литсею гимназияњои зиёди хусусї (бо харољоти маблаѓњои калон) бошанд, дар таъмини таълиму тарбияи замонавї ба натиљањои зарурї ба таври дилхоњ муваффаќ нагардидаанд. Ак­с арияти ин таълимгоњњо, ки бо номи гимназияю литсейњо фаъолият ме­намоянд, аз муассисањои тањсилоти миёнаи умумии муќаррарї чи аз лињози таъмини захираи кадрї ва чи аз нигоњи таъмини базаи моддию техникї куллан фарќ карда наметавонанд. Баъзеи онњо њатто китобхонаю ќироатхона, толор ва майдончаи варзиш, љойњои махсус барои либосивазкунии писарону духтарон, маљлисгоњњо барои гузаронидани чорабинињои таълимию тарбиявї, толорњои зарурии варзишї надоранд.Дар чунин шароит гузаштан ба таълими равиявї, ки ба ќонеъ сохтани эњтиёљот ва ниёзи фардї, майлу хоњиши хонандагон ва ба роњ мондани таълиму тарбияи босифати замонавї нигаронида шудааст, талаботи замон мањсуб меёбад. Хуб мебуд, агар литсею гимназияњои зиёди хусусї, ки то ба имрўз ба ягон натиља муваффаќ нагардидаанд, ба муассисањои тањсилоти «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

миёнаи умумии хусусї табдил дода мешуданду хонандагони онњо бошанд, тањсили худро дар равияњо дар ин гуна таълимгоњњо ва муассисањои тањсилоти миёнаи умумии муќаррарї бо љалби омўзгорони соњибтаљрибаю дорои донишњои замонавї идома медоданд (И.Д.). Таљрибаи љањонии таълими равиявї Олимону педагогњои зиёди мамла­катњои Аврупо љорї намудани таълими барваќтии намунавии равиявиро дар таълимгоњњои тањсилоти умумии асосї љониб­ дорї намекунанд. Дар ИМА таълими равиявї дар ду ё се соли охири тањсил (синф­њои 10-12) дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї пешбинї шудааст. Хонандагон метавонанд се варианти таълими равиявї: академикї, умумї ва касбї, ки дар онњо тайёрии пешазкасбї сурат мегирад, интихоб намоянд. Вариантнокии тањсилот дар онњо аз њисоби курсњои таълимии гуногун тибќи интихоби хонанда амалї мегардад. Дар ин раванд пеш аз њама дархост ва хоњиши волидон ва хонандагон, ки омўзишро дар равияњо интихоб кардаанд, ба назар гирифта мешавад. Омўзиш ва тањлили таљрибаи мам­лакатњои хориља нишон меди­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

њанд, ки хусусиятњои хоси умумии таълими ра­виявї дар зинаи сеюми тањсилоти миёнаи умумї пешбинї менамояд: 1. Тањсилот дар зинаи сеюми њамаи кишварњои пешрафта таълими равиявї мебошад. 2. Одатан таълими равиявї аксаран се сол ва камтараш ду соли охири тањ­силро фаро мегирад. 3. Шумораи хонандагони ба таълими равиявї фарогирифта дар тамоми кишварњо рўз ба рўз афзуда истодааст. Ва то ба имрўз теъдоди онњо на камтар аз 70%-ро ташкил медињад. 4. Теъдоди самтњои таълими равиявї дар ин кишварњо ин тавр аст: дар мамлакатњои анг­ лис­забон ду самт: (ака­демикї ва ѓайри­а кадемикї),дар Фа­р онса сето: (табиї-илмї, филологї, иљ­ тимоию иќтисодї) ва дар Олмон њам сето: (забон-адабиёт-санъат, илмњои иљтимої, математикаилм­њои даќиќ- технология) арзи вуљуд доранд. 5. Ташкили таълими равиявиро аз рўи шакли тањияю такмили наќшаи таълими инфиродии хонанда фарќ кардан мумкин аст: аз шакли устувори интихобкардаи номгўи курсњои таъ­лимии њатмї (Фаронса, Олмон) то имконияти интихоби курсњои зиёд дар тўли тамоми мўњлати тањсил (Англия, Шотландия, ИМА ва ѓайра). 53


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

6. Миќдори фанњо (курсњо)-и њат­мии таълимї дар зинаи болої нисбат ба муассисањои тањсилоти асосии умумї кам мебошанд. Ба шумори онњо њатман фанњои табиатшиносї, забонњои хориљї, математика, забони модарї, тарбияи љисмонї ворид мешаванд. 7. Одатан, мактаби зинаи сеюми равиявї њамчун муассисаи таълимии шакли мустаќил: литсей дар Фаронса, гимназия дар Олмон, мактаби олї дар ИМА фаъолият менамоянд. 8. Шањодатнома (диплом)-и хатми мактаби зинаи сеюм њуќу­ ќи дохилшавї ба муассиаси тањ­ силоти олї дода мета­вонад, ѓайр аз баъзе њолатњо. Маса­лан: танњо дар Фаронса ќабул ба до­ниш­гоњ­ њои тиббї ва њарбї дар асоси им­ ти­њони дохилшавї сурат мегирад. Таљрибаи ватании таълими равиявї Дар соли 1934 КМ ВКП(б) ќарор “Оид ба сохтори мактабњои ибтидої ва миёна дар СССР” ќабул менамояд, ки тибќи он истифодаи наќшаю бар­н омањои ягонаи таълимї љорї мегарданд. Мутаассифона, дар њудуди тамоми Иттињоди Шўравї љорї намудани мактаби ягона бо мурури замон ба масъалањои душвор, яъне набудани алоќаи устувор дар байни мактаби миёнаи ягона ва муасисањои 54

олї рў ба рў гардид, ки олимонпедагогњоро маљбур сохт, ки бори дигар ба љорї намудани таълими равиявї ва тафриќакунонии зинаи болоии тањсилот таваљљўњ намоянд. Академияи илмњои педагогї дар соли 1957 бо иќдоми гузаронидани оз­моиш баромад намуда, пешнињод кард, ки таълим дар се самт равиявї карда ша­ вад: равияњои физикию мате­ матикї ва техникї; биологию аг­ рономї; иљти­моию иќтисодї ва гуманитарї. Бо маќсади минбаъд баланд бардоштани фаъолияти мактабњои миёнаи умумї дар соли 1966 ду шакли инфиродикунонии мазмуни тањсилот тибќи хоњиши хонандагон: дарсњои факултативї дар синфњои 8-10 ва мактабњо (синфњо)-и омўзиши чуќури фанњо, ки мунтазам ташаккул ёфта, то ба замони мо омада расиданд. Дар охири солњои 80 ва аввали сол­њои 90-уми асри бистум дар собиќ Иттињоди Шўравї, аз љумла, дар мамлакати мо шакл­ њои нави муассисањои таълимї (литсей, гимназия) таъсис дода шуданд, ки ба ќонеъ намудани тамоили инфиродии хонандагон дар омўзиши чуќуру амиќи фан­њ ои интихобкарда ва минбаъд идома додани тањсил дар мак­т абњои олї равона карда шуданд. Њамзамон дар солњои «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

тўлонї муваффаќона мактабњои мах­сусгардонидашуда (ба таълими ра­виявї наздик)-и мактабњои дорои тамоюли мусиќї, рассомї, варзишї, санъатшиносї ва ѓайра фаъолият намуданд. Ќонун «Дар бораи маориф» ба вариантнокї ва гуногуншаклии муассисањои тањсилот ва барномањои таълим дар он замон хеле хуб мусоидат намуд. Муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон инчунин таљрибаи зиёди таълими равиявии хонандагонро доранд. Ќадамњои аввалини таълими равиявии замони истиќлолият дар таълимгоњњо ба сиё­сати дурандешонаи Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмо­малї Рањмон марбут мебошанд.Таъ­ сиси таълимгоњњои намуди нав (гимназияю литейњо) дар солњои 90-уми асри пешин дар Исфара, Спитамен, Панљакент, Хуљанд, Душанбе, дар солњои 2000 литсею гимназияњои зиёди давлатию хусусї рост меояд, ки ба хонандагон ва коллективи педагогии онњо имконияти интихоб намудани таълими равиявї дар асоси наќшаи таълимии базавии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љум­ њурии Тољикистон пешбинї шуда буданд. Таълимгоњњои тањсилоти миёнаи умумї низ солњои зиёд таљрибаи омўзиши таълими ин­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

фиродї ва сипас равиявиро мушо­ њида намуда, аз бартарии сифати таълиму тарбия ва сатњи сифати дониши хонандагон дар онњо хуб огањї пайдо намуданд. Ва имрўз тамоми муассисањои тањ­силоти миёнаи умумии кишвар таљ­р ибаи таълими равияї доранд, аз ин рў гузариш ба низоми нави тањ­силот ва интихоби равияи таълим душ­ворињои зиёдро ба миён нахоњад овард, ба истиснои душворињои моддию захираи кадрї, ки онњо њам дар шароити устувор гардидани иќтидори иќтисодии кишвар ва зиёд гардидани музди мењнати омўзгорон њалли худро хоњанд ёфт. Њамин тариќ, раванди таъли­ ми равиявї дар муассисањои тањ­ силоти миё­наи умумии Љумњурии Тољикистон асосан ба тамоили љањонии рушди тањсилот муво­ фиќат мекунад ва бо бо­варии том гуфта метавонем, ки таъ­лим­гоњњои кишвари мо ба раванди таълими равиявї аллакай ворид гардидаанд. Самтњои равиякунонї ва сохтори равияњо Дар зинаи сеюми тањсилот (синф­њои 11-12) дар хонандагон та­лошњои ширкат ва мавќеъљўї дар њаёти љамъиятї, муайян намудани ќобилиятњои илмию касбї ва пешбинї кардани самти минбаъ55


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

даи фаъолияти касбї сурат мегиранд. Ин зинаи тањсилот шароити мусоиди омодасозии љавононро ба иљрои вазифањои иљтимої (мењнатї, маърифатї, љамъиятї, хонаводагї ва ѓайра) таъмин месозад. Масъалаи муњимтарини ташкили таълим бояд аз як тараф майлу хоњиш, ќобилият, тамоили пурраи инфиродии хонандагони синфњои болої (имконияти ташкили равияњои гуногун), аз тарафи дигар якчанд далелњо, ки раванди таълими равиявиро боздошт месозанд: тасдиќи Стандарти давлатии тањсилот ва стандартњои фанњои таълимї, батан­зимдарорї ва чопи китобњои дарсї, маводи ёрирасон,рањнамоњо барои омўз­ горон, таъмин бо кадрњои ихтисосманд ва ѓайраро ба инобат ги­рад ва бояд ќайд кард, ки онњо њам дар фурсати муайян њалли худ­ро хоњанд ёфт. Маълум аст, ки њама гуна ра­ вия­кунонии таълим ба камшавии љузъи ѓайриравиявии таълим оварда мерасонад. Амалисозии таълими ра­вия­вї фаќат дар сурати кам намудани маводи таълимии фанњои ѓайри­равиявї ва таъмини таълими замонавї имконпазир мегардад. Модели таълими муассисаи тањ­си­лот бо ташкили таълими равиявї дар синфњои болої имко56

нияти интихоби фанњои гуногуни таълимиро пешбинї менамояд, ки системаи самарабахши таълими босифатро таъмин карда метавонад. Муайян сохтани самтњои афзалиятноки тањсилот ва таълими равиявї (иљ­тимоию гуманитарї, илмию та­биї, технологї) бо назардошти имконият­њои њайати педагогии муассисаи тањ­силот, сохтори системаи тањсилоти минтаќа, вежагињои муњити иљтимоиву фарњангї ва анъанањои он ва пешбинии талабот ба мутахассисони дорои ин ё он сатњ анљом дода мешавад. Хосияти равиявї доштани зи­ наи сеюми тањсилот љавњари асо­сии мазмуну мундариљаи он шумурда мешавад. Вобаста ба шароиту имконот мактабњо метавонанд бо истифода аз шаклњои хоси ташкили љараёни тањсилот гурўњњои равиявї ташкил намоянд. Чунин гурўњњоро дар дењот бо назардошти хусусиятњои мањал ва шаклњои муњими фаъолият соз­ мон додан мумкин аст. Њангоми таълими равиявї хонанда на камтар аз ду фанни таълимиро интихоб мекунад. Агар фанњои математика, забони русї, адабиёт, забони хориљї, таърих, тарбияи љисмонї дар сатњи ра­ виявї омўхта шаванд, онњо дигар

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

дар сатњи бунёдї мавриди омўзиш ќарор нахоњанд гирифт. Тањсилоти зинаи сеюм вазифа­ дор аст, ки саводнокии комил ва муто­б иќати иљтимоии талаба­ гонро таъмин намуда, ба худмуайянии иљтимоиву шањрвандї мусо­идат намояд. Ин ва­зифањо самти маќсадњоро барои ташаккули шахсияти аз љињати иљтимої босавод ва ќобил, шахсияте, ки њуќуќ ва вазифањои шањрвандии худро дарк менамояд ва дорои имконият, тавоної, захирањо ва роњњои амалисозии пиндору рафтори њаётист, пешбинї мекунад. Ноилшавї ба маќсадњои мазкур танњо дар сурати љорї намудани таълими равиявї муяссар мегардад. Таълими равиявї ва инфироди­ созии таълим аз њисоби таѓйироти сохтор, мазмун ва ташкили ља­ раёни тањсилот имкон медињад, ки манфиатњо, тамоил­њо ва ќоби­ лиятњои зењнии хонандагон хубтар шинохта шаванд ва тибќи хо­њиш љињати идомаи тањсил дар муассисањои тањсилоти миёнаю олии касбї шароити мусоид фа­ роњам гардад. Принсипњои асосии мазмуни тањсилоти муассисањои таълимї инњоанд: – ба тамоили инфиродии хонан­ дагон нигаронидани мазмуни тањ­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

силот, таъмини ташаккули ќоби­ лиятњои эљо­дї, инфиродикунии раванди тањсилот; – инсонгарої ва гуманитари­ кунонї, фар­њанггарої – инъикос намудан дар мазмуни тањсилоти њар як зи­н аи таълим тамоми љанбањои фарњанги башарї; ташаккули ќобилиятњои љисмонию зењнї, ахлоќию маънавї, эстетикию технологии хонандагон; – пойдорї, устувории љузъиёти мето­дологии мазмуни тањсилот њам­чун таъминкунандаи донишњои ан­дўх­та­шаванда, омўзиши назарияи асосї, ќонунњо, принсипњо, мафњумњо, проб­лемањои асосї ва комёбињои фар­њангию таърихии эътирофшудаи инсоният, имконияти татбиќи донишњои андўхта дар њаёт, аз љумла, дар вазъияти нав; – афзалияти њифзи саломатии хонандагон, аз љумла, аз њисоби кам намудани сарборї (дар мактабњои асосии умумї ба њисоби миёна на камтар аз 20%),ба танзим даровардани мазмуни тањсилот бо назардошти хусусиятњои синнусолии хонандагон; – таъмини тамоили амалии тањси­лоти миёнаи умумї бо назардошти та­но­суби сарфакоронаи ваќти хонандагон; – таъмини фањмиши хонандагон оид ба дарки яклухтии олам дар асоси њамгироии мазмуни тањсилот; 57


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

– равиякунонї ва тафриќаку­ нонии мазмуни тањсилот њамчун шарти асосии интихоби сатњ ва самти омўзиши бар­номањои тањ­ силот аз љониби хонандагон. Гузариш ба таълими равиявї имкон медињад: – шароити тафриќаи мазмуни тањ­си­лоти талабагон ва тањияи барно­мањои таълими инфиродї муњайё гардад; – омўзиши амиќи фанњои ало­ њидаи таълим таъмин шавад; – дастрасии баробари талабагон ба тањсилоти мукаммал ва ба муно­си­бат­њои иљтимої фаро гирифтани онњо таъмин гардад; – пайдарпайии тањсилоти умумї ва касбї таъмин бошад. Барои мураттаб намудани наќ­ шаи таълимии муассиса, синф, гурўњ ва та­лаба њангоми таълими равиявї дар асоси наќшаи таълимии асосї зарур аст: – ворид кардани фанњои њатмии таъ­л имї дар сатњи бунёдї ба наќшаи таъ­лим; – ворид кардани на камтар аз ду фанни таълимї дар сатњи равиявї ба наќшаи таълим, ки самти тахассусии маълумотро дар равияи мазкур муайян мекунад; – њамчунин дар сатњи бунёдї ва равиявї ворид намудани фанњои таълимии дигар ба наќшаи таълим. 58

Ваќти муштарак барои омў­ зиши фанњои дар наќшаи таълим људошуда (њатмии бунёдї +ра­ виявї +бунёдии ин­тихобї) бояд дар ду сол аз 2100 соат беш набошанд; – ворид намудани бахши дав­ латї (140 соат дар 2 сол) ба наќшаи таълим. – тањияи наќшаи таълим бо ташаккули таркиби муассисаи таълими муассиса анљом меёбад (дар њаљми 280 соат дар 2 сол). Соатњои интихобї барои фаъо­ лият­њои зерин истифода бурда мешаванд: – таълими фанњое, ки ба муассисаи таълимї пешнињод гардидаанд; – гузаронидани таљрибањои таъ­ лимї ва фаъолияти тањќиќї; – татбиќи лоињањои таълимї ва ѓай­ра; – зиёд кардани миќдори соатњо ба­рои омўзиши фанњои бунёдї ва равия­вї. Њамзамон дар назар дошта мешавад, ки зинаи болоии мактаб хатмкунандагонро на танњо барои дохил шудан ба мактаби олї, балки ба омўзиш дар системаи муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, инчунин ба оѓози фаъолияти мењнатї омода мекунад. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


КОШОНАИ МЕЊР

Ќаламатон сабз бод! Наќши матбуот дар баланд бар­доштани са­ вияи маърифати сиё­ сиву фарњанги мардум ва шакл гирифтани тафаккуру љањон­б и­ нии эшон хеле бузург аст. Ба ња­мин маънї устод Садриддин Айнї барњаќ фармуда буданд, ки мо бояд «эњтиёљи њаррўза ва нуќ­соноти воќеии худамонро ба во­с итаи матбуот музокара намуда, ба њар дарди худ аз ин маъ­љуни мураккаб, яъне матбуот даво љў­ем». Дар айни њол барои ња­маи кормандони соњаи маориф ва умуман, тамоми ањли љомеа, ки ба ин соња бевоси­ та ё бавосита ало­ќаманданд, ин гуна маъљуни му­раккаб нашрияњои педагогї мебошанд. Њафтаномаи «Омўзгор» дар тўли њаштод соли мављудияташ дар инъикоси навгонињои соњаи маориф, тозакорињои муас­сисањои таълимиву тарбиявї, дасто­ вардњои навини илми омўзгорї, нашри тавсияњои таълимиву методї сањми босазо гузошта­ аст. Бо мурури замон назари љомеа ба маърифати умумии мардум бештар шудааст ва хушбахто­ на, мавзўъњои вобас­та ба соњаи маориф дар маркази таваљљўњи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

њамаи васоити ахбори умум ќарор дошта бо­ шад њам, онњо ба таври бояду шояд танњо дар нашрияи касбии омўз­ горон - њафтаномаи «Омўз­г ор» инъикос меёбанд. Дар айни њол бисёр нашрияњо доираи аудиторияи хо­нан­дагони тахминї доранд, вале «Омўзгор» дар хид­ мати ќишри фаъол ва бедори љомеа - омўзгорон буда, ба мин­ бари њаќиќии розу ниёзњои эшон мубаддал гардидааст. Њарчанд њаштод сол дар наз­ ди таърих фосилаи он ќадар зиёд нест, гумон мекунем, ки ин муд­ дат барои нашрияе, ки аз рўзњои аввали таъсисаш то кунун як њадаф - афрўхтани шамъи илму ирфон дар нињоди мардум, ус­тувор намудани њувийяти фарњангї ва пояи њастии миллатро пайгирона дунболагирї мекунад, ќобили ар­ зишу эњтироми хосса мебошад. Дар ёд дорем, ки дар солњои басо душвори муборизањои идеологї бисёр олимону зиёиёни фаъол им­ кон доштанд, ки маќолањои ху­ дро мањз дар нашрияи «Омўзгор» чоп намоянд. Кормандони имрўзаи њафтанома низ анъанањои дери­ ни наљиби нашрияро идома дода, мекўшанд, ки њар шумораи он бо 59


КОШОНАИ МЕЊР

мун­дариљаи ѓанї ва тарњу орои­ ши љадид чоп бишавад ва аз њама асосиаш матолиби омодашуда ба хонандагони асосии нашрия омўзгорони мўњтарам дар љараёни таълиму тарбия - њам дар дарс ва њам берун аз он судманд бошанд. Илова бар ин, њафтанома дар њар шумора андешаву дидгоњњои мар­ думро дар хусуси дирўз, имрўз ва фардои соњаи маориф ва роњњои рушду такомули онро мавриди арзишдоварї ќарор медињад.

Бо истифода аз фурсат њайати эљо­дї, мушовирон, кормандон ва хо­н ан­д агони сершумори њаф­ таномаи мањ­буби «Омўзгор»-ро ба муносибати њаш­тодумин солгард самимона му­борак­бод мегўем ва барояшон дар љо­даи эљод ќалами сабз ва дар љодаи зиндагї салома­ тиву сарбаландї ва тавфиќу са­ одати бештаре мехоњем. Кормандони маљаллаи «Маорифи Тољикистон»

Шодї ШОКИРЗОДА

РОЊНАМОИ БЕЃАРАЗИ АЊЛИ МАОРИФ Соли 1984 дар дењаи мо мактаби нави миёна барои 1176 нафар хонанда ба фаъолият оѓоз на­муд ва дар хусуси ба истифода дода шу­дани он хабаре навишта, ба нишонии «Газетаи муаллимон» фи­рис­тодам. Пас аз чанд муддат он бо ду имзо - аввал ман ва пасон со­биќ муовини муњаррири рўзномаи но­њиявии «Машъал», узви Иттињоди рўз­номанигорони собиќ шўравї Охун Сафаров, ки директори мактаби навбунёд таъин гардида буд, чоп шуд. Аз 60

ростї, маъмулан дар ни­гоштањои њаммуаллифї дар матбуот аввал номи бузургон меояду баъд хурдсолон, вале ин маротиба баръакс шуд. Чун инљониб њам толибилми њамин мактаби нав буд, пас аз чанд рўзи чопи хабар устод Охун Сафаров (рўњаш шод бод!) шўхиомез гуфт: -Ту хабару маќолањоятро чї тавр ба Душанбе мефиристї, ки пештар аз нигоштањои мо мерасанду чоп мешаванд? «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


КОШОНАИ МЕЊР

Дар љавоб г��фтам, ки бо воситаи мактуб мефиристам, вале узр, ки дар хабари чопшуда дар бораи мактаб исми ман пеш аз номи шумо омадааст. Ус­тод бо њамон оњанг афзуд: -Дар наш­ рияњои љумњуриявї хабару ма­ќола чоп кардани мо душвор асту аз ту мунтазам ва бемалол чоп мешавад. Ин љо чї сирре њаст?

солдидаву пурхондае њастам ва аксари нигоштањоям рўи чопро медиданд. Пас аз чопи ин хабари аввалин дар њаммуаллифї бо «Газетаи муаллимон» («Омўзгор»-и имрўза) њамкориам бештар шуд. Дар сол­ њои донишљўї ба ин рўзнома мунтазам хабару лавњањо мебурдам. Боре ба супориши ин идора

– Устод, агар шумо њам нигош­ тањоятонро бо насаби тољикї Сафарзода ба нашрияњо фирис­ тед, зуд чоп мешаванд, -гуфтам бадењатан дар љавоб. Дар њаќиќат, он солњо танњо иддаи ангуштшуморе аз ањли илму адаб насаби тољикї доштанд ва ё бо ин гуна насаб менавиштанд. Ни­го­рандаи ин сатрњо дар хабару маќолачањое, ки дар солњои мак­ табхонї ба нишонии нашрияњои љум­њуриявї бо насаби имрўзаи худ ме­фиристод, хонандаи мактаб бу­да­наш­ро зикр намекард ва аз њамин боис шояд масъулини наш­ рияњо гумон мекарданд, ки шахси

рољеъ ба татбиќи Ќонуни забони давлатї дар омўзишгоњи рассомии шањри Душанбе маќолае навиштам ва он баъди се моњ дар њаљми ќариб як сањифа чоп шуд. Он ваќт аз ростї, намедонистам, ки ин нашрия ба муаллифон барои навиштањояшон њаќќи ќалами хуб медињад ва онро сари ваќт гирифтан лозим аст. Пас аз гузашти таќрибан ду-се моњ дар шафати боѓи њозираи ба номи устод Рўдакї бо муњаррирони шўъбаи маъ­навияти рўзнома устод Мирзо Боќї ва Гадо Ўзбеков (Сармад) вохўрдем. Бо Сармад (равонаш шод бод!) чандон ошноии хуб на-

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

61


КОШОНАИ МЕЊР

доштам, вале маќолаи чопшударо ба ман Мирзо Боќї фармуда буд. Чун бо арзи эњтиром ба онњо салом дода, баъди як-ду љумла пурсупоси маъмулї рафтанї шудам, Мирзо Боќї дастамро дошта гуфт: -Аз шогирдони носипосу ноогоњу хештанношинос худат будаї, дар рўзномаи мо чоп кардани маќола кори осон нест. Маќолаатро дар як сањифа чоп кардем ва аќаллан боре наомадї, ки рањмат бигўї. Илова бар ин њаќќи ќаламатро њам нагирифтаї ва чанд муддат боз сармуњосиби идора маро истинтоќ мекунад, ки ту бо имзои бардурўѓ маќола навишта, њаќќи ќалам гирифтанї њастї… Дар он айём чун маро аз дониш­ гоњ хориљ карда буданд, њолатам он ќадар хуб набуд. -Ба ман њаќќи ќалам лозим нест. Онро худатон гиред ва ё ба хазинаи рўзнома гузаронед, -гуфтам дар љавоб. Устод Мирзо аз ин њарфам оташин шуда, ба сиёсат гузашт. Ман њам паст наомада, эшонро ба «љанги тан ба тан» ба пушти боѓ даъват намудам. Шоири закитабъ Сармад ба миёна даромада, моро ба салоњ даъват намуд ва оташи ѓазаби устод низ дар андак муддат паст шуду ба њолпурсї гузашт. Чун аз вазъу њолам бохабар шуд, тасаллиям дод, ки рўњафтода нашуда, аз пайи дарёфти шуѓли муносиб бишавам. Дар интињои 62

сўњбат Мирзо Боќї таъкид кард, ки дар зудтарин фурсат ба идораи «Омўзгор» даромада, њаќќи ќаламамро гирам. Он замон идораи «Омўзгор» дар наздикии «Хонаи матбуот» љой гирифта буд ва фардои он рўз ба ин даргоњ рафтам. Баробари ба роњрави идора ворид шудан устод Мирзо аз пешам баромад ва баъди салом идораи муњосиботро бароям нишон дод. Дар муњосиботи идора њаќќи ќаламамро шумурда доданд, он кам не, 47 рубл буд. Яъне аз идрори якмоњаи донишљўї 8 рубл бештар ва бо он метавонистам ќариб як моњ зиндагї кунам. Баъди гирифтани хомапулї хос­ там, ки онро болои мизи Мирзо Боќї гузошта равам ва ба њамин хотир ба њуљраи кориаш даромада, мунтазир шудам. Як соат гузашт, ду соат гузашт, вале аз ў дараке нест. Оќибат Пўлоди Нурзод, ки бо ў дар як њуљра менишаст, гуфт: -Шодї, устод Мирзоро мунтазир шуданат бефоида аст ва имрўз дигар ба гумон аст, ки ў ба љои кор биёяд. Њамин тавр, он маблаѓи њаќќи ќалами «Омўзгор» то дарёфти љои кор дар њафтаномаи «Умед» бароям кўмаки љиддие буд ва файзу баракати онро њаргиз фаромўш намекунам. Минбаъд њам бо ин њафтанома њамкорї мекардам, вале навиштањоямро на ба Мирзо «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


КОШОНАИ МЕЊР

Боќї, балки ба кормандони дигари ин нашрия - Пўлоди Нурзод, Саидањмади Ќаландар ва баъзан Самиюлло Сайфуллоев пешнињод мекардам ва њамаи онњо рўи чоп­ ро медиданд. Инак, беш аз бист сол мешавад, ки бо нашрияи мањбуби ањли маориф - њафтаномаи «Омўз­гор» њамкору њамќисмату њамсар­ навишт њастем. Солиёни зиёд аз сўњбату мас­л ињати кормандони собиќи ин даргоњи мўътабар рўзноманигорони варзида Са­ миюл­ло Сайфуллоев, Мирзо Бо­ ќи­зода, Дорои Дўст, Њикмат Рањ­ мат, Ѓуломњайдар Муродалиев, Саидањмади Ќаландар, Пў­лоди Нурзод, Мањмадшариф Бобо­шоев бањравар шуда, дар амалияи кори рўзноманигорї аз эшон бис­ё р омўхтаам. Њамаи ин азизонро аз зумраи устодони хеш мењисобам, зеро онњо дар солњои мухталиф дар тањриру танзими нигоштањоям кўмаки амалї расонида, бањри бењбудии сифати онњо роњнамої кардаанд. Дар замони роњбариаш ба «Омўз­гор» Самиюлло Сайфуллоев њайати аз љињати илмї, амалї, эљодї, тањ­лилї бисёр бонуфузро гирд оварда буд ва бењтарин маќолаву нигоштањо рољеъ ба њифзу гиромидошти миллати тољик, забони тољикї ва давлати Тољикистон мањз дар њамин наш­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

рия чоп мешуданд. Шахсияти ў низ ќобили ситоиш аст, марди бисёр шариф, хайрхоњ, дарёдил ва чашмикордон мебошад. Мањмадшариф Бобошоев инсони ба зоњир љиддї, ором ва камгап, вале дар асл бисёр хушзавќу дидадаро ва масъулиятшинос аст, дар давраи роњбариаш ба «Омўзгор» тартибу низоми ќатъии «адроповї»-ро љорї карда тавонист. Ў дар љодаи дўстиву садоќат камназир аст, агар аз дасташ ояд, мекўшид, ки кўмак намояд, дар акси њол, рўирост мавќеашро баён мекард. Боре аз бањсу бехигўшињои ошкору нињони роњбарият хаста шуда, барои маслињат ба хотири ариза навишта аз кор рафтан, ба наздаш даромадам. Ў маро ба диќќат шунида гуфт: -Шодї, биё андеша кун, фарз кардем, ки пагоњ ариза навишта, аз кор меравї, вале кї аз ин «љасорат»-и ту миннатдор мешавад? Оё кори хубтаре бо маоши бењтар ёфтаї? Чун аломати рад гирифт, гуфт: -Њар­гиз рўњафтода нашаву ко­ рат­ро идома дењ. То он ваќте ки «Аризаат­ро навис!» -нагўянд, маълум мешавад, ки ту шахси даркорї њастї. Њоло рафта, ин тарафи масъаларо њам фикр кун, алъон кам ё беш, шукр аз њисоби њамин корат бори зиндагиро кашида истодаї. Ту танњо худатро фикр 63


КОШОНАИ МЕЊР

накун, дар андешаи ањли оилаат њам бош. Бо устод Мирзо Боќизода баъди аз идораи «Омўзгор» ба нафаќа баромаданаш ќариб панљ сол њамкор будем ва ў тайи ин муддат дар тањриру тасњењи матолиби маљаллаи «Маорифи Тољикистон» сањми босазо гузошт. Дар навбати худ мо њам барояш то њадди имкону тавон имконияте фароњам овардем, ки битавонад пурра ба кори эљодї машѓул шуда, шоњкорњои бегазанду пурвусъаташ - «Љовидоннома» ва «Инсон»-ро ба итмом бирасонад. Сухани ў дорои мазмуни амиќ аст ва пањнои тахайюлу андешааш аз замини олуда бо гуноњ ба ављи кайњони малакутї мерасад ва на њар кас ќудрату мизони дарку фањми онро дорад. Шахсияти номбурда низ чун афкораш ќолабї нест ва њамин аст, ки аксари дўстону њамкорон ўро чун шахсияти дорои феълу хўйи мураккаб мешиносанд, вале дар асл устод Мирзо Боќизода инсони оддии покнињоду наљиби њамзамони мо ва сухангустари беназир, сањењтараш, пањлавони арсаи ќалам аст. Имрўз низ њафтаномаи «Омўз­ гор» барои ман даргоњи худист. Баробари ба сањни нашрия ворид шудан рўзноманигори мушо­ њидакор Ноилшо Нуралиев, ки сарварии њаф­таномаро ба дўш до64

рад, «устод Шокирзода» гўён ба пешвозам ме­ояд, адиби шинохта, узви Садо­рати Иттифоќи нависандагони Тољи­кистон Абдурауф Муродї њарчанд ба син бузургтар њаст, зимни муро­љиат маро «акои Шодї» ном мебарад, ќаламкаши варзида Саида Набиева мекўшад, дар њуљрае, ки худ бо абзори кориаш базўр љой ги­рифтааст, бароям љои нишаст ду­руст кунад. Бо кормандони дигари эљодиву техникии нашрия Мар­ям­бонуи Фарѓонї, Ситорабону, Саидмурод Искандарї, Шодии Раљаб­ зод, Эњсони Хушбахт, Нўъмони Раљабзод, Аъзам Бобоев, Аминљон Гулмуродзода, Шањло (Ойхоним) Љаб­борова, Дилором Забирова ва алалхусус Набиљон Набиев, ки њар њафта «Омўзгор»-ро бар иловаи дигар нашрияњо ба инљониб мерасонад, њамкориву њамнишинии мо ба дўстиву садоќату муњаббату ихлоси бепоёни љонибайн табдил ёфтааст. Њаштодсолагии «Омўзгор» љашни мунњасир ба кормандони собиќу имрўзаи нашрия нест, балки он иди кулли рўшанфикрону омўзгорон ва ањли миллат аст, ки бо мактабу маориф бавосита ё бевосита иртибот доранд ва аз ин минбар дар кори амалии худ ба сифати роњнамову мушкилкушо истифода мебаранд. Ба њамагон ин љашни фархунда муборак бошад! «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Салоњиддин АМОНЇ

СУХАН БИШНАВУ БЕЊТАРИН ЁД ГИР… Суханро вазну тамкини замин бояд, Суханро ќудрати љонофарин бояд. Мўъмин ЌАНОАТ Метавонем шахсеро, ки дуруст сўњ­бат мекунад, бофарњанг гўем? Бале, метавонем. Зеро бо забони равону фасењ сухан гуфтан на танњо њусни баён аст, балки далелест аз сармояи ботин ва ѓановати љањони маънавии шахс. Мафњуми «маданияти нутќ» ё «фарњанги гуфтор» бо маънавият ва љањонбинии шахс робитаи људонашаванда дошта, ифодакунандаи балоѓати гуфтор ва баёнгари хулосаву бардоштњои дуруст аз њаёти воќеї аст. Ба таркиби луѓавии забон дар дањ­солаи охир оњиста-оњиста миќ­ дори зиё­д и истилоњоти махсус «Маорифи Тољикистон��, 2012, №5

ва жаргонњо ворид гаштаанд ва худи забон гўё содаву мухтасар ме­гар­дад. Албатта, ин ба талаботи рўзафзуни соњањои мухталифи зиндагии кунунї ва рушду тавсеаи пешрафти илму фановарї вобаста аст. Бештари одамон тањти фишори њолатњои ногувор ќарор доранд ва ин боис мегардад, ки калимаю иборањои ѓайримеъёрї ба нутќ ворид гашта, дар он наќш мебанданд. Ин калимоту иборањо як навъи аксуламале ба шумор мераванд, ки ба сабук кардани њолати ногувор ва фишоровар мусоидат мекунанд. Њатто роњбарони муассисањои бонуфуз њам баъзан бештар аз дигарон њангоми гуфтор аз ифодањои ѓай­р имеъёрї ва забони махсус (жар­гон) истифода мебаранд.

65


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Пас бояд андеша кард, ки оё чунин муносибату бархурд бо забон, ки дар маќоми ифтихори миллї ќарор дошта, њастї ва арзишњои миллии моро ифода мекунад, магар хатарнок нест? Аќаллан аз он љињат, ки чунин рафторро афроди ноогоњ чун намуна мавриди пазириш ќарор дода, ба худ, пайвандон ва атрофиён талќин хоњанд кард. Аз ин рў, њар як фард вазифадор аст, ки њанўз аз зинањои аввали омўзиши забон нисбат ба ин сарвати бебањои миллї эњтиром ва муносибати хос дошта бошад. Нутќи дуруст ќабл аз њама дар заминаи меъёрњои муќаррар­гар­ дидаи забонї сурат мегирад, њар­ чанд ки дар зери таъсири ња­водиси замон ба таври хос таѓйир­пазир аст. Ташаккули меъёрњои забон но­муташаккил, аввал миќдоран ва баъд сифатан сурат мегиранд. Сипас, вожањову иборањо баъди тањлилу таљзияи махсус ба фар­ њангу луѓатномањо ворид карда ме­шаванд. Аммо ниёз ба забони фасењу гуворо, содаву равон ва зебову шево њамоно боќист ва ашхоси мухталиф вобаста ба лутфи табъ, завќу тахайюл аз он бањра мегиранд ва лаззат мебаранд. Пас метавонем аз худ бипурсем, ки чї гуна њарф занем, то мавриди писанди дигарон афтад ва худ хиљолат накашем? 66

Назар ба њикояти доктор Раёњї, дониш­манди бузург Бадеуззамон Фу­рў­зонфар мегуфт: «Дар ибтидо дар зодгоњи худ ва баъд дар Маш­ њад ба тањсилоти ќадима пардохтам ва ба љое расидам, ки худро аз устодони замон бениёз дидам. Он гоњ ба Тењрон омадам. Дар ин љо њар гоњ дар анљумане нутќ мекардам ё чизеро навишта будам, мехондам, эњсос мекардам, ки суханам барои шунавандагон хандаовар аст ва њолати маснўї ва тарљума аз як забони дигарро дорад. Ба ишорати яке аз адибони донишманд он рўз ба мутолиаи «Шоњнома» пардохтам ва онро дар як сол ду бор аз аввал то охир хондам ва абёти наѓзи онро ба хотир супурдам. Аз ин љо рўзе расид, ки дигар њар ваќт чизе менавиштам ё нутќе мекардам, њис мекардам, ки њоло дигар забонам барои дигарон ќобили ќабул аст».1 Бале, мероси адибони бузург сарчашмаи нобу гуворо ва файзбори маъ­навист, ки њар кас метавонад ба ќадри њол аз он истифода кунад. Ба хусус, садои ќалби тољиконаи Рўдакї, забони шевою дастраси «Шоњнома»-и Фирдавсї, насру абёти Носири Хусрав, сухани лутфбору шакаромези Њофиз, пандгуфторњо ва њикоёту хотироти Саъдї, баёни њикматбор ва 1 Муњаммад Амини Раёњї. Фирдавсї.- Тењ­ рон,:- 1385. – С.17.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

орифонаи Мавлонои Балхї, нигоришу тасвироти Љомию Сайидо рўдхонаест, ки ќудрати шодоб сохтани њазорон дашту биёбони лабташнаро дорад. Лафзи ширину шево ва дурусту равон бо риояти талаффузи дурус­ ту лањни дилкаш њусни инсон аст ва аксари маворид дар зиндагї ўро кўмак мекунад. Овози хуш ва лањни дилкаш бешубња санъат аст, ки Худо онро насиби њар кас накардааст. Аммо омўзиши забон ва малакаю мањоратњои сухангўї ба њоли худ набуда, дар мактаб, хонавода ва љомеа анљом дода мешавад. Њарчанд ки мактаб нињоди асосии омўзиш аст, вале хонавода дар маќоми хеш муќаддамтар дониста мешавад. Зеро кўдак то 6-7-солагї пайваста дар оѓўши он ќарор дорад ва тарзи баёну гуфторро аз пайвандони худ ёд мегирад. Пас ба хотири оянда ва хушбахтии кўдак дар хонавода бояд меъёрњои ахлоќие риоят шаванд, ки фардо тавонанд эътибор ва њувийяти ўро таъмин кунанд. Нармї, мењрубонї, хушгўї, зарофат, ростќавлї,љиддияти за­ рурї, адлу инсоф ва бехато сухан гуфтан камтарини он меъёрњое њастанд, ки тањкурсии ояндаи мавриди чашмдошти фарзандони моро таъмин менамоянд. Мактаб нињодест, ки дар он тибќи барномаи мушаххас омўзиши забон ва шеваи гуфтор таълим дода мешавад. Ана мањз дар њамин љо «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

малакаю мањоратњо сайќал ёфта, саъю талошњо устувор мешаванд, ташаббусњо дастгирї шуда, њавасмандї таъмин мегардад. Омўз­гор новобаста аз фанни таълим бояд дорои балоѓати сухан ва баё­ни шево бошад, то шогирд дар симояш донандаи хуби забонро пайдо кунад ва пайравї ба нафъи хонанда тамом шавад. Гузашта аз ин, сарчашмаи дигари ёдгирии забон ва маданияти гуфтор мутолиаи пайваста аст, ки бидуни он наметавон ба назокат ва хубињои забон даст ёфт. Наврасону љавонон, ки дар фасли зебої ва хубињои умр ќарор доранд, оё метавонанд дуруст њарф бизананд ва озод андешаронї ку­нанд? Мавзўи нутќ ва гуфтори эшон аз печидатарин масоилест, ки њалли он мушкили зиёде дорад. Ду сабаби ин мушкилотро метавон ёд­расї кард: аввалан, љавонон акнун камтар мутолиа мекунанд ва бештар мешунаванд, дуюм, камтар мегўянд ва иншо мекунад. Чунин њолат, бешубња, боиси камшавии захираи луѓавї мегардад. Барои даќиќ ва равшан ифода кардани андеша љавонро зарур аст, ки аз болои нутќи худ бештар кор карда, на танњо сатњи касбии худро такмил дињад, балки сатњи забондониашро низ боло бардорад. Албатта, вобаста ба он, ки ў дар кадом муњит фаъолият мекунад. 67


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Чизи дигари таассуфовар тањ­ рир­т алаб будани забони бар­ номањои радио ва телевизион аст, ки аз тариќи сабт ва мустаќиман пахш мешаванд. Онњоро касе тањрири љиддї намекунад. Чунин муассисањо бояд дар њайати кории худ муњаррирони забондон ва сертаљриба дошта бошанд, то намунаи забони адабии дуруст ба гўши ањли љомеа бирасад. Ровиёни ахбор ва гўяндагони радио ва телевизион ба таври љиддї аз озмунњои касбї намегузаранд. Лањни гўшнавозу беиллат ва овози ширадорро пазмон шудаем. Куљо шуд мактаби гўяндагии Абдуррашид Хўљамќулову Абдулањад Мирзоањмадов, Санавбар Рањим­ зодаю Имомалии Тоњир, ки њама шогирдони мактаби овозадору бофайзу баракати Мањмудљон Во­ њидов њастанд. Мо забони адабии тољикро дар сат­њи донишгоњї омўзиш медињем. Вале дошишомўзон њанўз дар мактаби миёна ба ѓалатгуфториву ѓа­ латнависї одат кардаанд. Пас бояд сифат ва сатњи омў­зиши забони модарї дар зинањои якум, дуюм ва сеюми тањсилоти миёнаи умумї мавриди таваљљўњ ќарор дода шавад. Зеро мушкил ин аст, ки шогирдони мактаб бо заминаи сусти забонї вориди тањсилоти баъдї мешаванд. Аз ин рў, дар солњои аввали донишљўї танњо ба ислоњи ѓалатњои рўгирифта машѓулем, 68

ки ваќти зиёдеро гирифта, боиси хастагї мегарданд. Аз даст додани забон фољиаи миллат аст ва тамоми тадбирњоро бояд андешид, то ба он роњ надињем. Сухан гуфтан њамеша аз мав­ ќеият ва муњит вобаста аст. Камбуди ваќт имкон намедињад, ки гўянда батафсил андеша кунад ва ибрози аќида намояд. Ин њол аксаран њангоми сўњбатњои корї рух медињад, ки дар сурати суст будани фонди луѓавї ба мушкилоти баён рў ба рў мешавем. Њарчанд ки меъёрњои забони адабии хаттї ва шифоњї душвор нестанд, гўянда ё иншокунанда ба дурустии онњо бояд эътибори љиддї дињад. Танњо боварї ва эътимод ба малакаю мањорати хеш метавонад боиси комёбї гардад. Гўянда бояд тавассути сухани буррову љаззоб ва баёни равшану возењ њамсўњбати хешро асар бахшад. Ўро ба худ моил созад ва мавриди пазириш ќарор гирад. Чунин омодагї ва эътимод ба хеш имкон медињад, ки сўњбат ё гузориш чи дар доираи мањдуд ва чи дар мањфили бузург муассир ва пазируфтанї бошад. Гумон мекунам пешае вуљуд надорад, ки њунари суханварї ва лутфи гуфтор дар он ба кор наояд. Вале дар чанд соњаи рўзгор ин њунар хеле муњим арзёбї мешавад. Гирем соњаи тиљорат ва соњибкориро. Масалан, бозарго«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

нон ва соњибкорон, ки пайваста дар њоли муошират ва сўњбатњои корї ќарор доранд, ашхоси мухталифро бо пояњои гуногуни фарњангї пазирої мекунанд, сафарњои корї анљом медињанд, аз доштани њунари волое чун лутф ва балоѓату фасоњати сухан магар зарар хоњанд дид? Њаргиз не. Ва агар илова бар ин фазоил боз љузъиёти дигаре чун имову ишорањои хос, њаракатњои мавзуни дасту панља, истифодаи зарбулмасалу маќол, шеъру зарофат мавриди истифода ќарор гиранд, сўњбати эшон чї ќадар муфиду њаловатбор хоњад буд. Ё худ пизишке, ки аз чунин њу­ нари воло бархурдор аст, бо корафтодагони худ бештару хубтар забон меёбад. Баъзан як сухани хуш љои чанд доруву дармонро мегирад. Бисёр мехостам, ки фурўшандањои бозорњо низ аз лутфи сухану таровати забон огоњї дошта бошанд, то хотири мо муштариёнро њадди аќалл бо сухане, гапаке хуш доранд, чун аз арзиши моли худ чизе кам карда наметавонанд ё на­мехоњанд. Модоме ки бо сухани хуш морро аз хонааш берун овардан мумкин бошад, пас чаро дар муоширати миёни якдигар ин неъматро истифода накунем? Забони адабї забони навиштории умум, забони санадњои расмии корї, забони таълим, муоширати хаттї, забони илм, забони публиситика, адабиёти бадеї, тамоми «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

зуњуроти фарњангї ва аз сўи ворисону интиќолдињандагони он њамчун намунаи пазируфташуда ба шумор меравад. Аз ин рў, њифзи меъёрњои он яке аз вазифањои асосии маданияти нутќ дониста ме­шавад. Забони адабї назар ба рисолати хеш якпорчагии миллиро таъмин месозад ва бори тањкиму устувор намудани он бештар ба дўши ашхоси равшанфикр гузошта шудааст. Тавре ки маълум аст, њар як забони ба дараљаи кофї рушдёфта ду шакли фаъолият - адабї ва гуфтугўї дорад. Бо забони зиндаи гуфтугўї њар як фард аз кўдакї ошност, вале омўзиши забони адабї батадриљ оѓоз шуда, баъзан то ѓуруби зиндагї давом мекунад. Ва дар ин масир шоиста аст, ки он ба гунае омўхта шавад, то барои њама фањмо бошад. Забони адабї бояд то њадде рушд ёбад, ки барои баровардани ниёзњои инсон дар тамоми соњањо мусоидат намояд. Хуб донистани забони адабї, риояи меъёрњо ва тобишњои рангоранг, рабт додан бо маонї, бо фасоњату латофат, бо тароват… далелест аз балоѓати фар­њанг ва њувийяти гўянда ва нигоранда ва њар кї бар он расида, њалолаш бод, ки моли ўст. Сухан бишнаву бењтарин ёд гир, Нигар, то кадом оядат дилпазир. Фирдавсї 69


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Ойиша МАЊМАДЌУЛОВА, омўзгори кафедраи педагогикаи умумии ДДОТ ба номи С.Айнї

ЯК ДАРСИ НАМУНАВЇ АЗ АДАБИЁТ дар синфи 5-ум барои тарбияи унсурњои тањаммулгарої

Мафњуми «тањаммулгарої» фази­латњоеро аз ќабили эњтиром, рањмдилї, тамкин, кушодадилї дар бар гирифта, дар низоми арзишњои ахлоќї мавќеи асосиро ишѓол мекунад. Тањаммул сифати инсони комилест, ки барои дарёфти «ман»-и фарњангї мусоидат мекунад. Метавон гуфт, ки он унсури муњими ботинии худидоракунии рўњист, ки барои дигар меъёрњои ахлоќї сарчашма шуда метавонад. Тањаммулгарої чунин си­фат­ њоро дар бар мегирад: ба сахтию душворињо тоб овардан; эњтироми андешаи дигарон; авфи њар чизе, ки имкони авф кардан бошад; аќидањои бароямон зидро низ бо тањаммул то охир шунидан; њат­то дар сурате, ки њуќуќамон пой­мол мешавад, мо бояд ба ар­ зишњои олии инсонї такя намуда, аз њар гуна мањкумсозию ќасосгирї худдорї намоем; нисбат ба дастовардњои атрофиён тоќатпазир будан; њамеша ба гузашт тайёр будан ва амсоли инњо. Самтњои асосии фаъолияти тарбиявии хонавода, таълимгоњ ва љомеа дар «Консепсияи миллии 70

тарбия дар Љумњурии Тољикистон» ва дар Ќонуни Љумњурии Тољи­ кистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» муайян гардидаанд. Аз љумла, дар боби «Унсурњои таркибї ва мазмуни тарбияи миллї»-и «Кон­ сепсияи миллии тарбия дар Љум­ њурии Тољикистон» тарбияи тањам­ мулгарої њамчун унсури асосї дар тарбияи насли наврас эътироф шудааст. Дар нињоди хонандагон тарбия намудани унсурњои тањаммулгарої талаботи љомеа мебошад ва бояд иљрои он дар љараёни кори таъ­ лимї ва тарбиявї таъмин шавад. Тањаммулгарої чї тавр дар шуури хонандагон љой дода мешавад? Адабиёт њамчун ганљинаи њик­ мат ва ойинаи ибрат ба воситаи каломи бадеї, лафзи модарї ба шуур, њиссиёт ва рафтори бачањо омили муњими таъсиррасонї буд, њаст ва мемонад. Аслињаи асосии омўзгорони адабиёт сухан ба њисоб меравад, сухан бошад, моли адабиёт аст. Шахсе, ки ба адабиёти бадеї диќќат медињад, ботањаммулу бофарњанг мебошад. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Аз ин лињоз барои дар зами­ ри хонандагон ташаккул додани унсурњои тањаммулгарої ме­т авонем аз дарсњои адабиёт пурсамар истифода барем. Барои ин шарт нест, ки аз матни нас­рї ё порчаи назмї калимањои «тањаммулгарої», «сабр», «тоќат­ пазирї», «бурдборї», «шикебої» ва ѓайраро љустуљў кунем. Худи мазмуни љумла ё байт моро ба тањаммулгарої даъват мекунад. Хонандагон барои ба маќсад расидан нахуст ба мазмуни љумла ё матн аниќтар бояд сарфањм раванд. Дар ин љода омўзгор пайваста маънии луѓавии калимањоро шарњ дода, захираи луѓавии шогирдонро ѓанї мегардонад. Њоло ба таваљљўњи хонандагони ма­љал­ла як соат дарси намунавї (конспект) аз фанни адабиёти тољик дар синфи 5-ум пешнињод мешавад. Мавзўъ: Хондан ва тањлил кардани шеърњои «Дар баёни одоб» ва «Ќитъа дар сахтии њоли худ»-и Бадриддини Њилолї. Маќсад: а) фањмондани нук­ тањое, ки онњо хислатњои хуби ин­сонї ифода ёфтаанд; б) дар ќалби шогирдон бедор кардани њисси тањаммулгарої; в) инкишоф додани нутќи хонандагон. Усули дарс: сўњбат. Таљњизот: лавњаи раќамдор, ва­ раќ­чањо. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Равиши дарс: 1. Овехтани лавњаи раќамдор: 22, 24, 27, 1, 18, 11, 28, 1, 17, 22, 25, 28, 2, 1, 28, 21, 19, 17, 1, 2, 24, 21. Бачањо бо шавќ њарфњоро му­ вофиќи тартиби алфавит љо ба љо мегузоранд ва љумлае њосил мешавад. 2. Кор бо хонандагони алоњида. Њангоми кори мустаќилонаи хонандагон бо лавњаи раќамдор омўзгор 3- 4 нафарро ба назди тахтаи синф даъват карда, ба дасташон вараќча медињад, ки дар онњо луѓати вожањое, ки дар мавзўи гузашта омўхта буданд, навишта шудаанд. Масалан, вараќчаи якум дорои луѓатњои зерин аст: мањфил, орият, садри њангома, карамгустар. Калимањои вараќчаи дуюм: ањбоб, Ё Раб, мизон, гардун. Бачањо дар тахтаи синф то ќад­ ри имкон маънои калимањоро менависанд. 3. Тањлили љумлае, ки аз лавњаи раќамдор њосил шуд: Сухани њам­ сўњбатро мабур. Омўзгор сўњбатро оѓоз менамояд: -Мазмуни ин матнро кї мефањмонад? Хонанда чунин иброз карданаш мумкин аст: -Гапи каси дигарро бояд набурем. Муаллим: -Боракаллоњ! Гапи гўян­даро набурида, бояд то охир 71


МИНБАРИ ТАЉРИБА

гўш кунем. Агар гапи гўянда но­ маќбул бошад-чї? Хонанда (бо кўмаки муаллим): -Бо сабру тоќат интизор бояд шуд. Муаллим: -Агар сабру тањаммул надошта бошем, чї кор кунем? Хонандагон љавобњои гуногун медињанд, муаллим андешаи он­ њоро ба самти муайян равона месозад. 4. Эълони мавзўи нав: «Дар бораи одоб» 5. Шарњи калимањо: Адаб – хулќи нек, шарм, дониш Одоб – љамъи адаб Одоби муошират – ќоидањои муомила бо одамон Фурўѓи зоњир – зебоии зоњир Фурўѓи ботин – оромии ботин Эътидол – мўътадил Аѓёр – ѓайр, бегона, ношинос Сомеъ – шунаванда Шамъи мунир – шамъи равшан Замир – аз тањти дил. 6. Хондани шеъри «Дар бораи одоб» (аз сањифањои 161–162-юми китоби дарсї). Дар синфи 5-ум хониши адабї дар мадди аввал меистад. Бо супориши омўзгор њамаи хонандагон ду мисраъ мехононад ва њар кадом ба ќадри њол мазмуни байти хондаашро шарњ медињад. Худи омўзгор шеърро ифоданок ќи­роат мекунад ва чанд хонандаи дигар дар пайравии устод он шеър­ро мехонанд. 72

7. Барои мисол чанд байт шарњ дода мешавад. Адаб ороиши афъол бошад, Адаб осоиши ањвол бошад. Шарњи хонанда бо кўмаки омўз­ гор: -Адаб ба шахс њамчун зебу зинат хизмат мекунад, яъне ба кас њусн мебахшад. Одами боадаб аз њама љињат зебост. Шахсе, ки адаб дорад, њамеша бетарсу њарос ва ташвишу њаяљони сахт зиндагї ме­кунад. Тањлили байти дигар: Манењ ба њарфи кас зинњор ангушт, Ки афтад чун ќалам ангушт аз мушт. – Ба суханони кас то ба охир бо тањаммул гўш дењ. Њаргиз ба миёни гапи мусоњиб лагад мазан, зеро ќадрат паст мешавад, љавоби ангуштзан мушт аст. Агар гапи гўяндаро буррї, гўё ќалам аз дас­ таш афтида бошад, дигар сухан гуфта наметавонад. Маънидоди чанд мисраи минбаъда: Адабро роњбарї хоњї, талаб кун, Вагарна нафси саркашро адаб кун. Адаб дар анљуман шамъи мунир аст, Далели покии мофи – замир аст. – Инсон талаботи зиёд дорад, зеро нафсу њавас касро бероња мекунад. Касе, ки адабро роњбари хеш мекунад, инсони пуртоќату «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


МИНБАРИ ТАЉРИБА

матин аст ва бо тањаммулгароияш азизи мардум њисоб меёбад, вале касе, ки нафси худро ба даст гирифта наметавонад, оќибат шар­ манда мешавад. Шахси боадабу бо­тањаммул чун шамъи равшан зеби анљуман аст. 8. Сўњбат оид ба санъати сухан: Муаллим: Ќофия ва радифи байти зерин кадомњоянд? Адаб ороиши афъол бошад, Адаб осоиши ањвол бошад. Хонандагон: -Калимањои «аф­ ъол» ва «ањвол» њамќофияанд, вожаи «бошад» радиф њисоб меёбад. 9. Наќли ягон воќеаи њаётї оид ба адаб ва сабру тоќат аз љониби хонандагон. 10. Ќироати «Ќитъа дар сахтии њоли худ» (аз сањ.162-и китоби дарсї, нашри соли 2008). Оњ, аз ин рўзгори баргашта, Ки зи ман лањза-лањза баргардад. Гар фалакро ба коми худ хоњам, Ў ба коми каси дигар гардад. В-ар зи љоми нишот бода хўрам, Бода хунобаи љигар гардад. В-ар ќадам бар бисоти сабза нињам, Сабза дарњол нештар гардад. Лек бо ин хушам, ки толеи ман, Натавонад аз ин батар гардад.

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Муаллим ба тариќи сўњбат маз­ муни ќитъаро мефањмонад. Маќ­ сади асосї, яъне нуктаи муњими ин ќитъа дар байти охирин таљассум ёфтааст. Мањз њамин байт хонандагонро ба тањаммулгарої ташвиќ сохта, онњоро ба роњи сабру пур­ тоќатї равона месозад. Муаллим савол медињад: -Шоир хеле азоб кашида, лањзае њам роњати зиндагиро надид, магар ў аз ин зиндагї норизост? Хонандагон: -Не, ў аз зиндагї хушнуд аст. Муаллим: -Магар кас аз рўзгори бад хушнуд мешавад? Хонандагон: -Сабр кунад, оќи­ бат хушнуд хоњад шуд. Муаллим: -Барои чї шоир бо њамин ќадар азоб боз сабр мекунад? Хонандагон: -Агар одам тањам­ мул накунад, ба толеи худ шукр накунад, ањволаш бадтар мешавад. 11. Супориш барои мустањкам намудани дониши хонандагон: Муродифи калимањои «адаб» ва «тањаммул»-ро нависед. 12. Вазифаи хонагї: Азёд кар­ дани шеъри «Дар бораи адаб» (сањ. 162). 13. Бањогузорї ва љамъбасти дарс.

73


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

Љамила ЊАКИМОВА, директори мактаби тањсилоти умумии № 41-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе

ВАЊДАТ ЊАДЯИ ТАЌДИРИ НЕКИ МОСТ Имрўз њар фарди банангу номуси љомеа возењ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулњу субот њукмфармо бошад, њамаи масъалаву мушкилоти иќтисодї ва иљтимої тадриљан њалли худро меёбанд ва танњо дар њамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тољикистон њамчун њадафи нињоии худ ќарор додаем, идома дињем ва барои шањрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муњайё намоем. Эмомалї РАЊМОН Ман ин суханони комили ватан­ дўс­тонаро аз Президенти љумњурї бесабаб иќтибос наовардаам. Имрўзњо, ки санаи фархундаи Иљлосияи таќ­ дир­сози XVI-уми Шўрои Олї, вањ­ дату њамдилии мардум, ки асоси саодати халќамон ба шумор меравад, бо шукўњ таљлил карда мешавад, маро каломи мунаввари шоирона, ки дар вохўрї бо мактабиёнамон доштанд, ба хотир омад: Таќдири маро нигар, аљаб лутф намуд, Бар ман дари ганљинаи худро бикушуд. 74

Воќеан ин санаи таќдирсози миллат дањњо, садњо таѓйироти азими љамъиятиро собит намуд: пойдевори адолат ва њаќиќати љомеаи њу­ќуќ­бунёди мо чунон устувор гу­ зошта шудааст, ки дигар боду бо­ ронњои пуршиддат, афкори носолим ва андешањои бебунёд онро бе­љо нахоњад кард. Вањдати комили миллї, ки бунёдаш якдилии халќ ва нидои рўњбаландонааш – мароми неки Сарвари давлат ва Њукумати љумњурист, миллати мо ва тамоми халќ­њои Тољикистонро ба иљрои ва­ «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

зи­фањои муњим ва созандагиву бунёд­ корї њидоят менамояд. Ростї, шукўњи истиќлол ва неъмату хуррамї, ѓановати фарњанги мил­лї ва сурури одамонро ман дар љомеаи худамон – мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 41, ки 1200 нафар булбулакони боѓи донишро фаро гирифтааст, эњсос менамоям. Чї хуш аст, таъкид намудани ин нуктаи фарањбахш, ки љомеаи мењнатии мо - 43 нафар омўзгорон барои сазовор истиќбол намудани љашни таърихии миллати тољик - Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Тољикистон ва дигар љашну санањои фархундаи миллї тараддуд менамоянд. Армуѓони мо - ањли дабистон ва љомеаи наврасону хонандагон ба љашни саиди мил­лат чист? Шояд ин суол табиї бошад. Ман, ки худ таљрибаи наз­дик сисолаи педагогї дорам ва аз устодони барўманд - њам дар мактаби миёна, њам дар донишгоњ ва њам шуѓли босамари омўзгорї њикмати зиндагї ва дониш омўхтаам, ин љо аз забони пирони маорифу мактаб, њамкорони дерина - сарбозони маърифатпарвар гуфтаниам: Вањдати мо атои Худовандист. Шогирдони асилу ватандўст, соњиби илму њунар ба камол расонидан, дар ќалби онњо муњаббат ба Ватан илќо намудан, роњнамун кардани онњо ба корњои неку шарафманди инсонї ва хидмат ба халќу кишвар, ривољи илму техника…-чунинанд вазифаи мо - устодони дабистон ва омодагии комили шогирдон ба њаёт. Мегўянд, ки њамдилї аз њамзабонї бењтар аст. Оре, дуруст гуфтаанд. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Њам­ди­лист, ки 11 нафар «Аълочии ма­орифи Љумњурии Тољикистон», 12 нафар омўзгори дорои тахассуси дараљаи олї ва чандин нафар муаллимони эљодкор, навовар, ташкилотчї, ки бо кору мењнати њалол дар ноњия ва шањр шинохта шудаанд, дар ин таълимгоњ фаъолияти босамар мебаранд. Аз он љумла, фаъолияти омўзгорони собиќадори таълимгоњ О.Миралиева, С.Акобиршоева, Р. Яхшиева, С.Сафаров, Њ.Ќурбонова, Л.Гулова ва дигарон боиси пайравист. Њељ аз хотирам намеравад: зимни вохўрї ба падару модарон, ки зуд-зуд доир мегардад, яке аз коргарони собиќа­д ори Иттињодияи ма­тоъњои пахтагин хеле хуб иброз дошт: «Ватандўстї як гўшаи имон аст», гуфтаанд. Ман ба муаллимони дабис­тон њамфикрам: њамон роње, ки поён надорад, ватандорист. Воќеан, шои­ри маъруф Њабиб Юсуфї хуб гуфта­аст: Зи ишќи Ватан љўш дорад дилам, Ба њарфи Ватан гўш дорад дилам. Ватанро бинозам, маро дар канор, Чу модар гирифту намуд бахтиёр. Ин маънии баландро, ки ватан­ дўс­тї аз эњтироми зодгоњ ва бузур­ гони мањалла ибтидо меёбад ва ња­м е­ш а дўстдору ѓамхори Ватан будан шарафи асили ин­сонист, ман дар Анљумани дуюми омўз­горон ва кормандони маорифи кишварњои Ит­ тињоди давлатњои мустаќил (ИДМ), ки дар шањри Еревани Арма­нис­ тон (рўзњои 17-20-уми моњи ок­тяб­ ри соли 2012) баргузор шуд, бештар 75


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

дарк намудам. Ногуфта намонад, ки мо 15 нафар намояндагони маорифу мактабњои љумњурї дар ин љамъомади шукўњманди омўзгорони давлатњои аъзои ИДМ ширкат варзида, аз суханронї ва мулоќоти зиёиёни машњур ва муаллимони пуртаљриба таассуроти калон гирифтем. Итминони комил пайдо намудам: санаду њуљљатњои сарнавиштсози миллат, ки ба таќдири миллионњо сокинони љумњурї дахл мекунанд, халќи моро ба вањдати умрбод, сулњи абадї ва зиндагии муносиби инсонї њи­доят­ гаранд. Бад-ин маънї, сухани пирони мактабамон С.Акобиршоева, С.Сафаров, Азизов, Њ. Ќурбонова, Л. Гулова, О.Миралиева, Р.Яхшиева, ки умри азизи хешро ба тарбияи насли наврас ва камолоту пешрафти толиб­ илмони боистеъдод, касбу њунар азхуд намудани љавонони љўянда бахшидаанд, муассиранд: 16-уми ноябри соли 1992, љараёни иљлосия, муњокимаи масъалањои муњим, бозгашти фирориёни иљборї, суханони аввалини Э.Рањмон – Раиси Шўрои Олї: «Ман ба шумо сулњ меоварам»ро асло бењаяљону шодмонии беин­ тињои мардуми љафодида бар забон овардан ва моњияти таѓйироти бузург­ро дар замони истиќлолу худшиносии миллї нафањмидан номумкин аст. Он њама дигаргунињо сабаб шуданд, ки имрўз љумњурии соњиб­ истиќ­лоли мо бо 150 давлати олам муноси­бати дипломативу тиљоратї дорад ва њазорњо муњассилини тољик дар муассисањои олии таълимии 76

мамлакатњои тараќ­ќи­кар­да тањсили хеш­ро идома меди­њанд. Хушбахтона, шо­гир­дони мо низ дар хонишу тањсил ва озмуну олимпиадањо пешдаст мебошанд. Аз љумла, талошњои Фаридун Бобокалонов, Г.Каримова, С.Мањмудова, Азизбеки Хурсанд ва Р. Каримов дар ин љода хеле назаррас мебошанд. Оре, шукри вањдати миллат ва ис­тиќ­лоли миллї мебояд кард, ки чунин рўз­њои саодатро барои хал­ ќамон ато намуд. Моро лозим аст, ки ба таърихи њазор­солаи миллату давлатдориамон назар карда, аз зиндагии ибратомўзи гузаштагон сабаќ омўзем, то ки якпорчагии То­ љикистони азиз таъмин бошад. Ин суханони пурмаънои Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар ќалбу хотири мо барои њамеша љой гирифтаанд: «Идеали сиёсати мо вањдати миллї, муттањидию ягонагї, дўстию бародарї ва пешрафти Ватани азиза­ мон мебошад». Ин каломи шоистаи дилпазир, бе­ шубња, њамаи моро ба корномањои мењ­натї ва зиндагии сазовори ин­ сонї њидоят менамояд. «Њама умр ростї љўю мардонагї», гуфтаанд. Мо, омўзгорони мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 41 ба чароѓи ир­ шоди ниёгон, њикмати бузургон ва роњнамоии пешвои асри ХХ1 Эмом­ алї Рањмон рањсипорем: «Вањ­дат, вањ­дат, вањдат: он њадяи таќдири не­ки мост». Зеро, Ки аз вањдат бувад ќувват, Ки аз вањдат бувад нусрат! «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

Хосият МИРАЛИЕВА, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон

ТЕЪДОДИ МУАССИСАЊОИ ТОМАКТАБЇ МЕАФЗОЯД Дар вилояти Хатлон мутобиќи ќа­р ори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми декабри соли 2011, № 308 «Оид ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон аз 4-уми октябри соли 2011, № 457 «Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии рушди соњаи тарбияи то­мак­табї барои солњои 2012-2016 дар Љум­ њурии Тољикистон» бањри бунёди муас­сисањои нави томактабї ва таъмиру таљдиди кўдакистонњои мављуда аз њи­с оби маблаѓњои буљетї, ташкили кўдакистонњои хусусї аз њисоби соњибкорон силсилаи чорабинињо ба сомон расиданд. Дар њудуди вилоят дар 5 соли охир (2007-2012) миќдори муассисањои томактабї аз 98 адад ба 108 адад расида, фарогирии кўдакон аз 9870 нафар ба 11763 нафар расид. Дар низоми тарби«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

яи томактабии ви­лоят 1053 нафар корманди соњаи омўз­горї машѓули фаъолият мебошанд. Дар доираи иљрои ќарору бар­ но­мањои зикргардида давра ба дав­ра сохтмон ва ба истифода додани кў­да­кистонњои нав идома дорад. Аз љумла, дар маркази вилоят - шањри Ќўрѓонтеппа кўдакистони хусусии замонавї бунёд гардида, ба фаъолият оѓоз намуд, ки бо тамоми таљњизоти зарурї таъман мебошад. Инчунин кўдакистони хусусии замонавї бо номи «Садаф» дар собиќ бинои боѓча дар љамоати Заргари дењаи Њ.Ќа­ ландари ноњияи Бохтар бо сарпарастии Њ.Ќаландар ташкил шуда, фаъолияташро дар арафаи солгарди љашни Истиќлолияти давлатии љумњурї оѓоз намуд. Боѓча дар майдони 0,80 га љойгир буда, 77


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

дорои 6 гурўњ, 1 толори фарњангї, ошхона, майдони варзишї, 4 адад бисетка мебошад. Дар ноњияи Фархор ду муасси­ саи томактабї - дар дењаи Мењ­ нат­ободи љамоати Комсомол бо номи «Ѓун­чањои Истиќлол» бо фарогирии 52 нафар тарбиятгиранда ва боѓчаи «Ворисони Ватан» дар дењаи Бобосафоли поён, љамоати Дењќонариќ ба фаъолият оѓоз намуданд. Инчунин дар назди мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 6-и њамин ноњия аз тарафи соњибкор Диловар Муњиддинов бо маблаѓи 1480 њазор доллари амрикої сохт­мони боѓчаи бачагон ва мактаб идома дорад. Аз моњи апрели соли љорї дар дењаи Сафедори љамоати Озодагони ноњияи Панљ як боѓчаи бачагон бо фарогирии 64 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оѓоз намуд. Барои таъмири асосии биноњо ва барќарор намудани шабакањои бењ­доштию техникї корњои назаррас иљро шудааст. Дар шањри Кўлоб ду бинои кўдакистони №3, ки солњои тўлонї корношоям гардида буданд, бо маблаѓи як миллиону 60 њазор сомонї таъмир ва бо таљњизоти зарурї таъмин карда шуданд. Инчунин дар хољагии ба номи Мирсайид Алии Њамадонии шањри Кўлоб бо маблаѓи 253 ња­ зор сомонї бинои кўдакистон ха­р идорї гардида, аз њисоби 78

маб­лаѓњои буљаи шањр таъмиру бозсозї гардид ва дар дењаи Файзободи боло, дењоти Зарбдор низ бинои таълимї пас аз пурра таъмин гардидан њамчун кўдакистон ба истифода дода шуд. Дар маркази шањраки ноњияи Њамадонї ташкили 2 боѓчаи кўдакон дар заминаи собиќ бинои гимназияи дав­латї ва боѓчаи №2, ки дар тавозуни Маркази хизматрасонии техникаи хољагии ќишлоќи ноњия мебошад, дар назар дошта шудааст. Тайи солњои охир дар вилояти Хатлон теъдоди муассисањои то­ мактабї 10 адад зиёд гардида, дар шањру но­њияњои Кўлоб, Бохтар, Љилликўл, Но­сири Хусрав, Хова­ линг, Фархор ва Мўъминобод кўда­кистонњое, ки сол­њои пеш аз фаъолият бозмонда буданд, пас аз таъмири асосї аз нав ба фаъ­о лият оѓоз намуданд. Дар но­њияњои Балљувон ва Данѓара кўда­кистонњои нав сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ноњияњои Шўро­обод ва Мўъминобод дар назди мактабњои тањсилоти умумї кўда­кистон ташкил карда шуда, кўда­кон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда­анд. Аз оѓози соли равон бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят дар назди муассисањои таълимии шањру ноњияњо 350 адад Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

7511 нафар таъсис дода шуданд, ки ба онњо кўдакони берун аз боѓча фаро гирифта шудаанд. Аксари кормандони омўзгории муас­сисањои томактабї, аз љумла, кадрњои роњбарикунанда ва мураббиён тавассути муассисањои давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи гурўњи шањру ноњияњои Ќўрѓонтеппа, Кўлоб ва

Донишкадаи љумњуриявї аз курси такмили ихтисос ва бозомўзї гузаштанд. Бо маќсади муайян ва дарёфт намудани бењтарин мураббияи эљодкору навовар дар моњи июн озмуни вилоятии «Мураббии сол - 2012» бо иштироки довталабони 21 шањру ноњияњои вилоят дар сатњи зарурї гузаронида шуд ва ѓолибон бо тўњфањои хотиравї ќадрдонї гардиданд.

ЉАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «СОЊИБВАТАН» Бо маќсади сазовор истиќбол гирифтани љашни 20-солагии Иљ­ лосияи 16-уми Шўрои Олии Љум­ њурии То­љикистон ва дар нињоди насли наврас тарбия на­мудани њисси ватандўстию мењан­парварї, дарёфти чењрањои со­њибистеъдоди њунарї, гиромидошт ва ташвиќу тарѓиби тарбия дар рўњияи эњтироми миллат, дўс­тию рафоќат байни хонандагон, бедор кардани завќи тарбияи зебоипарастию муњаббат, арљгузорї ба анъанањои миллї, модар, ифтихори ватандорї, сайќал до­дани мањорати шеъразбаркунию оњанг­ офарии онњо дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Соњибватан» баргузор гардид. Шартњои озмун аз пешнињоди матн ва оњанги муносиб дар мавзўи ватандўстї, интихоби матни суруди мазмуни баланддошта, иљрои њаракатњои мавзуни сањнавї, тарзи интихоби либос ва «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

мувофиќати он ба суруди интихобнамуда иборат буд. Тибќи иттилои сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Хосият Миралиева, дар озмун 22 нафар довталабон аз шањру ноњияњои вилоят иш­тирок намуданд. Аксарияти дов­талабони муассисањои таълимии шањру но­њияњои вилоят, аз љумла, аз шањру но­њияњои Кўлоб (На­заров Сафармад, хо­нандаи син­фи 10, мактаби № 52), Сар­банд (Алиев Фаридун, хонандаи синфи 8, мактаби № 2), Љалолиддини Румї (Латипова Насиба, хонандаи синфи 11, мактаби № 10), Ња­мадонї (Ѓуломова Шањноза, хо­нандаи синфи 9, мактаби № 2), Љил­ликўл (Давлатова Наргис, хонандаи синфи 9, мактаби № 41), Шањритус (Мањмадалиев Мансур, хонандаи синфи 10, мактаби № 2) бо тайёрии пухта ба озмун омада, аз ўњдаи иљрои шартњои он баро79


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ

мада тавонистанд. Матн ва оњанги сурудњои дар вас­фи Ватан, модар, Тољикистон интихобнамудаи онњо ба шартњои озмун мувофиќат карда, дар сатњи баланд иљро шуданд. Љои аввалро Фаридун Алиев - хо­нандаи синфи 8, мактаби № 2-и шањри Сар­банд ва Шањноза Ѓуломова - хо­нандаи синфи 9, мактаби № 2, ноњияи Њамадонї ишѓол намуданд. Љои дуюм насиби Насиба Латипова - хонан­даи синфи 11, мактаби № 10, ноњияи Ља­лолиддини Румї ва Сўњроби Абду­розиќ - хонандаи синфи 7, мактаби № 30-и ноњияи Шўрообод гардид. Љои сеюмро Сафармад Назаров - хонандаи синфи 10, мактаби № 52-и шањри Кўлоб, Наргис Давлатова - хонандаи синфи 9, мактаби № 41-и ноњияи Љилликўл ва Мансур Мањмадалиев - хонандаи синфи 10,

мактаби № 2-и ноњияи Шањритус сазовор шуданд. Мутаассифона, довталабони муассисањои таълимии шањру но­њ ияи Ќўрѓонтеппа, Хуросон, Ќумсангир, Панљ, Ёвон, Балљувон ба ин озмун дар сатњи лозимї омодагї надидаанд, довталабони муассисањои таълимии ноњияи Вахш, Бохтар ва Ховалинг бошанд, умуман дар озмун иштирок надош­ танд. Барои хушнудист, ки тайи сол­њои охир бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят гузаронидани озмунњои «Донояк», «Шоњ­но­ма­хонї», «Лу­ ѓатдон», «Ровии бењ­тарин», «Хати зебо», «Со­њиб­ватан», «Забон донї - љањон донї» ва монанди онњо ба њукми анъана даромадаст. Муњаммадљони Шодї

Мусањњењ Абдувоњиди Абдувањњоб. Тарроњ Фарњод РАЊИМОВ. Њуруфчин Назира Бобоева «МАОРИФИ ТОЉИКИСТОН» Нишонаи идора: ш. Душанбе, кўчаи ак. А.Адњамов, 13. Тел: +(992 37) 227-86-90. E-mail: shodi.shokirzoda@mail.ru Индексњои обуна: 77500 (барои шањрвандон), 77641 (барои корхонаву муассисањо) Ба матбаа 05.09.2012 супорида шуд. Ба чопаш 28.09.2012 имзо шуд. Андозаи 70х1001/16. Адади нашр 2500 н. Супориши №317. Нархаш шартномавї. Дар матбааи ЉДММ «ЭР-граф» чоп шудааст. 734036, Душанбе, кўчаи Р. Набиев, 218. Тел: +992 (37) 881-15-16. E-mail: r-graph@mail.ru


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Таваралї Нозимпур ЗИЁЗОДА, доктори илмњои педагогї, омўзгори кафедраи таърихи дунёи ќадим ва асрњои миёнаи Донишгоњи миллии Тољикистон

ДАВРАБАНДИИ ТАЪРИХИ ХАЛЌИ ТОЉИК ВА ТАЪРИХИ УМУМЇ ЊАМЧУН МАСЪАЛАИ МЕТОДОЛОГЇ Мо ба масъалаи даврабандии ду курси таърих – таърихи халќи тољик ва таърихи умумї њамон ваќте рў ба рў шудем, ки Тољикистони азизамон на­вакак истиќлолияти давлатї ба даст оварда буд ва тањияи барно­ма­њои таълимию китобњои нави дарсї оид ба фанни таърих таъхирно­ пазир ба миён омад. Зеро даврабандии шў­равии таърих, ки ба муборизаи синфї ва антагонизми оштинопа­зир нисбат ба табаќањои дорои љо­меа асос ёфта буд, барои љомеаи демократї, ки Љумњурии Тољикистон интихоб кардааст, нигаронида нашуда буд. Дар шароити истиќлолияти давла­тии Љумњурии Тољикистон љою ма­ќоми он таѓйир касб кард ва ин ма­ќ ом бояд дар барномаю китобњои дарсии мактабњои тањсилоти умумии киш«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

вар инъикос мегардид. Чизи дигаре, ки махсусан бояд ќайд кард, он аст, ки дар низоми таърихшиносї, таърихнигорї ва таълими ин фанни воќеан иљтимої ба таърихи ЉШС То­љикистон маќоми маводи киш­ вар­шиносї дода шуда буд, ки он бояд дар дохили таърихи ИЉШС омўхта ме­шуд. Оќибатњои ин бо ном «сиёсати мил­лии» нерўи њукмрони Иттињоди Шў­равї ба њамагон хуб маълум аст: хо­нандагони мактабњои тањсилоти умумии Тољикистони Шўравї хуб медонистанд, ки князњо Олегу Игор, Олга, Владимир, шоњњо Иван Грозний, Пётри I, Екатеринаи II, Александри 1, Николаи II ва ќањрамонони таърихии халќи рус Александр Невский, Дмитрий Донской, Кузма Минин, Дмитрий Пожарский, Александр Суворов, 81


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

Михаил Кутузов ва ѓайрањо барои њимоя ва ташаккул ёфтани давлатдории халќи рус чи хизматњои бе­ назир кардаанд. Вале аз таърихи мил­лати хеш, шахсиятњои сиёсию фар­њангї, ањли њунар ва санъат, ки ин тамаддуни оламшумулро бунёд карда­анду то ба мо расонидаанд, он шах­сиятњои муќаддас, ки барои дифои миллату кишвар бо душманони ѓаддор љон ба рамаќ гирифта, дар май­дони набард љонбозињо кардаанд, ќариб чизеро намедонистанд. Он замон њар боре, ки мо дар ху­суси нодуруст будани ин сиёсат су­хан мерондем, маќомоти марбутаи шўравї давлатњои ѓуломдории Ќаф­ќоз, соњилњои бањри Сиёњ ва Осиёи Мар­казиро дар назар дошта, ба мо ме­гуфтанд, ки ба таърихи ИЉШС таъ­рихи њамаи миллатњои шўравиро до­хил намудаем. Бале, дар китоби дарси синфи 8 бо номи «Болоравии Хоразм» мавзўе дарљ гардида буд ва он дањсолањои зиёд ба барномю китобњои дарсии таърихи ИЉШС мекўчид ва то синфи 11 мавзўи дигаре илова нагардид. Баъд, дар солњои 70-80-уми асри ХХ дар хотимаи њар як фасли калони ки­тобњои дарсии таърихи ИЉШС иборае бо номи «Кишвари азиз» ё худ «Родной край» пайдо шуд, ки он њељ гоњ ба омўхтани таърихи миллат равона нашуда буд, балки зодгоњи хонандаро дар доираи таќсимоти 82

маъмурии мањаллї дар назар дошт. Лекин он ваќт Тољикистон кадом як вилояти метрополий набуда, љум­њурии баробарњуќуќе буд бо номи «ЉШС Тољикистон» дар њайати ин дав­лати шоњаншоњї. Мазмуну мундариља ва рисолати аслии илми таърихро умуман ва дар мактабњои тањсилоти умумию касбї махсусан, бидуни дуруст муайян намудани асосњои бунёдии даврабандии таърих ва ба фазою муњити башардўстї баргардонидани ин илме, ки дар бораи хотираи халќу миллату башар маълумоти тамаддунасосро нињон дошта, такягоњи асосии маънавии наслњои имрўзаю ояндаи кишвар аст, имконнопазир мебошад. Дар њаљми як маќола имкони баё­ни њамаи масъалањои марбут ба дав­рабандии курсњои таърихи хал­ ќи тољик ва таърихи умумї ву­људ надорад. Аз ин рў, мо танњо дар бораи баъзе љињатњои ин масъалаи муњим - даврабандии таърих аз та­ риќи љузъњои таркибии ин масъалаи методологї ба таври мухтасар му­лоњизаронї мекунем. 1. Сунъї будани даврабандии таърих дар давраи Шўравї. Тавре маълум аст, даврабандии таърих дар замони Шўравї сунъии форматсионї буд. Асоси консептуалии ин даврабандї аз он бармеомад, ки ќувввањои истењ­солкунанда беист тараќќї мекунанд ва ба муносибатњои истењсолї таъсир «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

расонида, онњоро њам ба пеш тела медињад. Дар натиља: 1) дар байни табаќањои иљтимоии нав ба­ ву­људомада ва табаќаи дар љомеа њукм­рон ихтилофи оштинопазир ба миён меояд; 2) ин ихтилоф ба инќилобњои иљтимої сабзида мерасад; 3) инќи­л обњои иљтимої барои гузаштан ба форматсияи нави љамъиятию иќти­содї бурда мерасонад. Њамин тариќ, њар форматсияи ќаблї љои худро ба форматсияи нав медињад ва дар асоси њамин ќонуният форматсияи коммунистї ба миён меояд, ки дар он на муборизаи синфї вуљуд дораду на сохторњои сиёсию табаќањои иљтимої ва на шоњу гадо, њама хушу хурсандона бо таъминоти иќтисодию иљтимоии баланд мувофиќи талаб умр ба сар мебаранд. Гўё бадбахтии асосии њар як форматсияи гузашта моликияти хусусї бар воситањои истењсолот будааст, ки он истисмори одамро аз тарафи одам ба вуљуд оварда будааст. Яъне ин даврабандї ба идеологияи коммунистї марбут буд ва методологияи илми таърихи шўравї низ дар њамин асос ташаккул ёфта, ба ќолабу чањорчўбаи дахлнопазири он мубаддал гардонида шуд ва касе, муњаќќиќе, муассисае њуќуќи аз ин ќолаб баромаданро надошт. 2. Коре ки мо оид ба даврабандии таърих кардаем. Солњои 19891992 њанўз оид ба даврабандии таърих имконияти истифода аз «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

дастовардњои олимони давлатњое, ки дар роњи рушди демократї марњалањои тўлониро тай кардаанд, надоштем. Њатто дар Ки­ тобхонаи давлатии ба номи Абул­ ќосим Фирдавсї низ чунин адабиёт мањфуз набуд. Агар бошад њам, он аз тариќи ќолабњои расмї рад карда шуда, аз назари таърихнигории шўравї шарњу эзоњи илмї дода шуда буд ва то он дараљае, ки гўё њамаи дигар даврабандињои таърих ифротї мебошанд. Сарфи назар аз ин мушкилот, мо дар мавриди тањияи барномаи таълимии таърихи таърихи халќи тољик ва таърихи умумї тасмим гирифтем, ки ба даврабандии таърих дар замони шўравї таѓйирот ворид созем, то ки таърихи мактабї ба љо­ меаи навини тољик созгор бошад. Асоси тасмими мо ин буд, ки дар дав­рабандии таърих аз антагонизми оштинопазир даст кашида шавад. Ња­мин тариќ, мо оид ба ин курсњои таърих даврабандии навро пешнињод намудем. 3. Даврабандии таърихи умумї. Чунин аст ин даврабандї: таърихи дунёи ќадим аз асри санг ва то оѓози асри III; таърихи асрњои миёна аз таъсиси давлати Сосониён ва то миёнањои асри ХV; таърихи нав аз кашфиётњои бузурги љуѓрофии нимаи дуюми асри ХV - оѓози асри ХVI ва то соли 1918, ки он ба ду давра таќсим мешавад – давраи якум то миёнањои асри ХIХ ва 83


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

давраи дуюм аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1918; давраи аз соли 1918 то оѓози солњои 90-уми асри ХХ-ро мо таърихи муосир номидем, ки он ба се марњала таќсим мешавад: 1918-1945, 1945-1970, аз соли 1970 то оѓози сол­њои 90-и асри ХХ. Имрўз њудудњои охири таърихи муосир акнун ба оѓози асри ХХI васеъ шудааст. 4. Даврабандии таърихи халќи тољик. Бо сабаби баъзе махсусиятњояш ба даврабандии курси таърихи халќи тољик нисбат ба даврабандии таърихи умумї каме фарќ гузоштем. Он чунин аст: таърихи дунёи ќадим аз асри санг то оѓози асри III; таърихи асрњои миёна аз оѓози асри III то миёнањои асри ХIХ, ки он аз се марњала иборат аст – аз оѓози асри III то охирњои асри VIII, аз оѓози асри IХ то миёнањои асри ХIV ва аз нимаи дуюми асри ХIV то миёнањои асри ХIХ; давраи нави таърихи халќи тољик аз давраи оѓо­зи лашкаркашии артиши Русия ба Осиёи Марказї ва ишѓоли он, пайдошавии муносибатњои сармоядорию бозорї ва то ѓалабаи Инќилоби сотси­алистии Октябр дар ќаламрави шоњан­шоњии Русия, аз он љумла дар Генералгубернатории Туркистон ва Аморати Бухоро; давраи муосир аз соли 1918 то оѓози солњои 90-уми асри ХХ, ки он аз ду марњала иборат аст – аз соли 1918 то соли 1945 ва 84

аз соли 1945 то оѓози истиќлолияти дав­латии Љумњурии Тољикистон, ки мин­баъд ин давраи охирин таърихи киш­вар то оѓози асри ХХI васеъ карда шуд. Воќеан, тавре маълум аст, ин давра­бандї на танњо асоси та­њияи бар­номањои таълимї барои мак­таб­ њои тањсилоти умумї гардид, инчунин он имрўз дар макотиби олии кас­бї низ мавриди истифода ќарор гириф­та­аст. Он ба омўзгорони ин муас­сиса­њои таълимї имконият меди­њад, ки аз даврабандии форматсионии курсњои таърихи халќи тољик ва таърихи уму­мї даст кашанд, зеро даврабандии ќаб­л ї хоњ-нохоњ ба антагонизми табаќаю гурўњњои иљтимої бурда, боз ба маљрои ивазшавии форматсияњо ва сохтмони љомеаи коммунистии афсонавї ворид месозад, ки он њанўз аз тахайюлоти Томас Мор ва пайра­вони ў, аз љумла, аз назариясозии Марк­су Энгелс ва Ленину Сталин сар­чашма мегирад. 5. Асосњои даврабандии нави таърих. Ин даврабандї ба якчанд унсури таркибї такя мекунад. Асоси хронологии барои Љумњурии Тољикистон даврабандии нави курсњои таърих марњалањои рушди њаёти сиёсию иќ­тисодї ва иљтимоии љомеа мебошад. Дар сиёсат сохт ва усули давлатдорї, дар иќтисод ташаккули олоти мењнат ва истењсолот, дар њаёти иљтимої њолати зиндагии мардум, «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

дар фарњанг маќоми дониш, илм, санъат, техника ва технология дар њаёти инсон ва љомеа, дар њуќуќ сатњи таъмини њу­ќуќу озодињои инсон дар давлату љомеа мебошанд. Мењвари асосии ин даврабандиро инсон ва тамоми эњтиёљот, ќадру ќимати ў дар муњити сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фар­њангї ташкил медињад. Сарфи назар аз ин гуфтањо, ин даврабандии курс­њои таърих, ки мо ќариб 20 сол ќабл аз ин пешнињод карда будем, баъзе камбудињои назариявї низ дорад, ки тањќиќи минбаъдаи онњо дар пеш аст. 6. Дар илми таърих даврабандињои гуногун вуљуд доранд. Ин махраљ аз он сурате бармеояд, ки аз як тараф, таъ­рих илми даќиќ нест, аз тарафи дигар, минтаќаю давлатњои гуногуни љањон дар њамаи давру замонњо махсусияти худро доштанд ва имрўз њам махсусиятњои худро доранд. Аз ин рў, наметавон онњоро ба ќолаби ягонаи даврабандии таърих ворид сохт. Таъкид мекунем, ки ин зуњуроти воќеиро набояд нодида гирифт. Чандтои онњоро ном мебарем. Даврабандии буржуазии таърих, ки даврабандии таърих дар за­ мони Шўравї аз он ѓизо гирифта­ аст, аслан аз таърихшиносии бур­ жуазии Фаронса тавлид ёфта ва ба он махсусиятњои идеологияи коммунистї ворид карда шудааст. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Баъзе давлатњои дигари Ѓарб низ аз он истифода бурдаанд. Асоси ин даврабандињоро ин­ќилобњои иљтимої ташкил ме­дињанд: парокандашавии сохти ѓу­лом­дорї, ба миён омадани љомеаи сар­моядорї њамчун сабаб ва натиља дар асоси инќилобњои буржуазии Нидерландия, Фаронса, Англия ва инќилобњои солњои 1848-1849 дар як ќатор давлатњои Аврупо. Дар як ќисми давлатњо даврабандии таърих дар асоси тамаддунњои алоњида сурат гирифтааст. Масалан, тамаддуни Юнони ќадим, тамаддуни Рим, тамаддуни бањри Миёназамин, тамаддуни Мисри ќадим, тамаддуни Њиндустон, тамаддуни Чин, тамаддуни Ислом, тамаддуни Масењї, тамаддуни Эњё, тамаддуни то Колумби Америка ва тамаддунњои дигар. Камбуди ин даврабандї бештар дар ба таври бояду шояд ба назар гирифта нашудани пайдарпаии пешрафти сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангї аз замонњои ќадим то рўзњои мо ифода меёбад. Чунин аз бар намудани илми таърих дар хонандагону донишљўён тасаввури замонию маконї дар инкишоф ва њамчун љузъњои таърихи тамаддуни куллу умумибашарї ба назар намерасад. Аз ин рў, дар тафаккури шахс тасаввуроти умумї оид ба таърихи башар ташаккул намеёбад. Даврабандии њар ду курси таърих дар Русияи имрўза дар 85


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

ќисматњои дунёи ќадим, асрњои миёна ва таърихи нав бо њамин унвонњо номгузорї шудааст. Вале оѓозу анљоми онњо аз даврабандии таърих дар Љумњурии Тољикистон фарќ дорад. Анљоми таърихи дунёи ќадим дар таърихи умумї њамон соли 476 – давраи барњам хўрдани шоњаншоњии Ѓарбии Рим мебошад. Асрњои миёна аз њамон сол оѓоз ёфта, лекин анљоми он миёнањои асри ХVII нею ду аср аќибтар – то оѓози кашфиётњои бузурги љуѓрофї, яъне то нимаи дуюми асри ХV-ро дар бар гирифтааст. Аз ин давра таърихи нав оѓоз меёбад. Лекин дар бораи даврабандии минбаъди таърихи умумї дар байни таърихшиносони ин мамлакат алњол фикри ягона вуљуд надорад. Масалан, ба љои таърихи навтарин таърихи асри ХХ ном бурда мешавад. Дар даврабандии таърихи Русия бошад, низ фикри муштарак вуљуд надорад. Маълум нест, ки њудудњои таърихи бостон ва нав дар кадом марњала анљом ва оѓоз меёбанд. Агар таърихи бостон дар курси таърихи умумї соли 476 анљом ёфта бошад, пас анљоми таърихи бостон дар Русия кай њисобида мешавад? Зимни ин савол асрњои миёна кай оѓоз ва анљом ёфтааст? Ба ин саволњо онњо њанўз љавоби сањењ надодаанд. Њам барои Русия ва њам барои То­љикистон таърихи навтарин ва ё муосир агар аз инќилоби 86

Октябр ва барпо карда шудани Њокимияти Шў­равї оѓоз нашуда бошад, зарур аст, ки баъди ќариб 100 соли ба вуќўъ пайвастани ин воќеаи сиёсию иљтимоии давраи Љанги якуми љањонї, солњои 1917 (барои Русия) -1921 (барои ЉШС Тољикистон)-ро таърихи навтарин ва ё муосир гўем. Ба андешаи мо, имрўз барои њар ду кишвар – Русия ва Тољикистон ва боварї дорам, ки барои њамаи љум­њурињои собиќи шўравї таърихи навтарин ва муосир аз истиќлолияти давлатї ба даст овардани онњо – соли 1991 оѓоз ёфтааст. Дар Љумњурии Исломии Эрон дав­рабандии таърихи кишвар аз ду дав­раи асосї иборат аст: таърихи то ислом ва таърихи ба Эрон омадани ислом ва баъди он то имрўз. Мар­њалаи аввали таърихи Эрон аз рўи силсилаи шоњњои онњо шинохта мешаванд. Дар таърихи эронињо мазмун саросар ватанпарастї ва арљгузорї ба дини мубини Ислом ва шахсиятњои маъруфи сиёсию динї мебошад. Як љанбаи муњимро дар мазмуни таърихи Эрон бояд ќайд кард. Эронињо дини ба Эрон овардаи арабњоро самимона ќабул карданд, вале имрўз онњоро истилогар дониста, ба онњо аз назари танќид бањо медињанд. Тавре ба назар мерасад, дар илми таърих масъалаи даврабандї њанўз печ дар печ ва гуногун аст, вале илм­њои љомеашиносие, ки «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

моњияти ме­то­дологї дошта, ба илми таърих наз­дикї доранд, дар ин бора фикрњои умумитарро баён намудаанд. 7. Оид ба даврабандии таърих дар илми сотсиология. Дар китоби дарсии барои донишљўёни ихтисосњои иљтимоию гуманитарии макотиби олии Русия таъйингардида “Социология” (О.Н.Козлова. -М.: Омега, 2004) муаллиф дар ќисмати “Муносибати фор­матсионї ва тамаддунї” назарияи ин илмро оид ба ин ду намуди даврабандии таърих баён месозад. Аз тањлили танќидии ин китоби дарсї бармеояд, ки илми сотсиология даврабандии форматсиониро дастгирї намекунад, зеро ба табиат ва рисолати иљтимоои ин илми љомеашиносї мувофиќ ва созгор нест. Ў барои рушди биниши сотсиологии љараёни љамъиятї танќиди муносибати форматсиониро дар асарњои М. Вебер (1868-1958): “Таърихи аграрии дунёи ќадим” ва “Хољагї ва љомеа”) бешубња њаќ мешуморад. Танќиди ин олим ба муносибати тамаддунї дар муќобили муносибати форматсионї алтернатив мегардад. Нуктањои асосии муносибати тамаддунасосии таърих аз назари ин муњаќќиќ чунинанд: • инсоният њамчун маљмўи тамад­дунњои сифатан аз њамдигар тафовутдошта ба назар мерасад;

«Маорифи Тољикистон», 2012, №5

• рушд дар њар тамаддун ба ман­ тиќи махсуси худ тобеъ мебошад, ки онро гуногунии инфиродии тамад­дунњо муайян мекунанд, ки дар њаёти маънавї баён шуда, дар сарчашмањои асосии нерўи рушди тамаддун – менталитет ва маданият ифода меёбанд; • шакли эволютсионии таѓйирёбии муносибат сифати ягона доштани њаёти љамъиятї дар доираи як тамаддун дар тули тамоми таърихи он муайян мегардад; • махсусияти роњњои рушди тамад­дунњо нисбї набуда, мутлаќ мебошад, он имконият намедињад, ки барои муќоисаи онњо махраљи умумї муайян карда шавад, ки барои мафњуми ин сатњи рушд танњо дар дохили тамаддун маънї дорад ва онро берун аз худ аз даст медињад. Муносибати форматсионї ба дав­ра­бандии таърих дар асарњои К. Маркс, Ф.Энгелс ва В.И.Ленин асос­нок ва ташаккул дода шудааст. Ин шакли даврабандии таърих њанўз њам дар љањон арзи вуљуд дорад, аз он љумла дар таърихнигории тољик низ, вале на ба он дараљае, ки дар давлатњои низоми коммунистии ќаблан вуљуд дошта буд. Консепсияи муносибати тамаддунасосии илми таърих асосан аз тарафи Љанбатиста Вико, Н.Я.Данилевский, О. Шпенглер, А.Дж.Тойнбї, Ф.Бродел, Л.Н.Гумилёв, М.Вебер ва олимони 87


МИНБАРИ ТАЉРИБА

дигари гузаштаю муосир коркард ва пешнињод гардида буд, ки он дар мамлакатњои пешќадами Ѓарб мавриди истифодаи васеъ ќарор дорад. 8. Даврабандињои илми таърих аз назари истењсолї. Даврабандии таърих аз рўи ченакњои гуногун низ пешнињод гардидаанд. Масалан, аз назари тањлили назариявию риёзї, ки ба иќтисод робитаи ногусастанї дорад. Чунин даврабандињои таърих дар шакли баррасии умумии тањлилї бо назардошти тањќиќоти олимони дигар дар рисолаи Л.Е.Гринин “Периодизация истории: теоретико-математический анализ” (-М..: Комкнига, 2006. –С.53-79) оварда шудааст. Даврабандии таърих аз назари рушди нерўњои истењсолкунандаи љањонї аз рўи истењсоли неъматњои моддї. Муаллифи зикршуда мутобиќи ин принсипи истењсолї даврабандии таърихро ба 4 марњала таќсим мекунад – шикорчигию неъматѓундорї, аграрию косибї, саноатї, илмию ахборї (сањ.58). Дар љои дигар (сањ.59) даврабандии таърихро бо номи инќилоби истењсолї пайваст кардаст: инќилоби аграрї, инќилоби саноатї, инќилоби илмию ахборї. Ва ин марњалањоро ба даврањои хурдтар људо мекунад: Инќилоби аграрї аз ду давра иборат аст: якум – гузариш ба заминдорї ва чорвопарварии оддии дастї; дуюм 88

– гузариш ба заминдории обї, заминдории нопураи омочї. Инќилоби саноатї марњалаи якуми асрњои ХV-ХVI-ро дар бар гирифта, дар ин давра бањрнавардї ва тиљорат, техника ва механизатсия дар асоси њаракатдињандаи обї, мураккабшавии таќсимоти мењнат ва просессњои дигар ба ављи баландтарини рушд мерасад. Марњалаи дуюм – табаддулоти саноатї – табаддулоти саноатии асри ХVIII – сеяки аввали асри ХIХ, ки бо татбиќи мошинњои гуногун ва нерўи буѓї алоќаманд аст. Инќилоби илмию ахборї: марња­ лаи якум аз солњои 40-50-уми асри ХХ бо рахна аз тариќи автоматизатсия, энергетика, ашёњои ќатронї оѓоз шудааст, махсусан бо воситањои электронии идора, алоќа ва ахбор. Муаллиф бар он аќида аст, ки принсипњои истењсолии даврабандї дар шакли классикии он ба се давра таќсим мешавад: тавлидёбї, бака­ мол­расї, таназзулёбї ва онњоро ба марњалањои зерин таќсим мекунад, ки на танњо аз аќидаи шахсии ў ба миён омадаанд: Марњалаи якум – “гузариш”. Марњалаи дуюм – “љавонї”. Марњалаи сеюм – “гулгулшукуфї”. Марњалаи чорум – “бакамолрасї”. Марњалаи панљум – бакамолрасии баланд”. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Марњалаи шашум – “тайёрї”. Шиддатнокї меафзояд, њарчи беш­тар унсурњои бидуни системањо тавлид меоянд, ки принсипњои нави истењсолотро муайян месозанд, вале онњо њанўз ба система сабзида нарасидаанд. Дар баъзе љомеањо мумкин аст гузаштан ба принсипи нав имконпазир аст ва худи њамин силсилаи даврањо такрор меёбад. 9. Муносибати тамаддунї њамчун тарзи “идроки таърих”. Ин муносибат ба даврабандии таърих дар асарњои Н.Я.Данилевский (18221885): “Русия ва Аврупо” (“Россия и Европа”), А.Дж.Тойиби (18891975): “Умумият ва љомеа” – (Общность и общество”) ва олимони дигар, ки дар боло чанд нафарашонро ном бурдем, инъикос гардидааст. Онњо сабабгори рушди таърихро дар гуногунии тамаддунњо мебинанд. Вале дар ин даврабандї наќши рушди истењсолот ноаён мондааст. Саволе ба миён меояд, ки оё тамаддунасосии илми таърих имрўз метавонад дар шароити Тољикистон ва љањон ягон нишонаи дигар њам дошта бошад? Бале, чунин нишона њаст. Унсуре, ки мо ба тамаддунасосии илми таърих дохил мекунем, бояд башардўстї бошад, зеро “тамаддун” худ мафњуми њамагонї ва васеъ аст. Бояд таъкид кард, ки на њамаи тамаддунњо ба башардўстї асос ёфта буданду њастанд, ки мо инро аз таљрибаи «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

режимњои диктаторию худхоњ ва авторитарии гузаштаю имрўза хуб медонем. Башардўстию тамаддунасосии илми таърих худ методологияи умумибашарї аст. 10. Методологияи гуманистї ва тамаддунасосии илми таърих. Мо ин методологияро бо назардошти фикру андешањои пешќадами мутафаккирони гузаштаю муосир ва бо назардошти предмет ва рисолати илми таърих дар замони мо ва барои Љумњурии Тољикистон пешнињод намудаем. Методологияи гуманистї худ моњияти умумибашарию њамагонї дорад, яъне универсалї мебошад. Ин хусусият аз он бармеояд, ки офарандаи методологияи гуманистї њамчун ахлоќ ва маънавият ањли башар буда, он таърихи тўлонї дорад: њанўз аз давраи Бобои Одаму Момо Њавво ва воридшавии инсоният ба таърих оѓоз ёфта, то замони мо омада расид, тобишњои нави гуманистї гирифта, дар тўли ин роњи дуру дароз муттасил ѓанї гардид, мартабаи инсонро ба худи ў сазовор ва дар зинаи боз њам баландтар гузошт. Дар илми таърих ва илмњои дигари гуманитарию љомеашиносї низ гуманизм тамаддунасос мебошад. Дар таърихи башар давлатњои дорои тамаддунњои бузург арзи вуљуд карда, бо мурури замон аз худ ва барои њамаи давру замонњои оянда мероси пурарзишу муњимро боќї гузоштаанд. Мо ин љо танњо 89


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН МИНБАРИ ТАЉРИБА

чанде аз осори тамаддунњои дорои ањамияти умумибашарии ќадимро ном мебарему бас: давлатдории фиръавнњо, њайкалтарошї ва меъморї - Ањроми Хеопс, Њайкали Абулњавл ва Минои Искандария дар Мисри ќадим, театр, бозињои олимпї ва демократияи ѓуломдории Афина, Рими замони љумњурї, сенат, Колизей, љанги гладиаторњо, алифбои лотинї, њуќуќи Рим, дини масењї, манораи Бобул ва ќонунњои Хаммурапи, сохтор ва идораи шоњаншоњии Њахоманишиён, Эъломияи Куруши Бузург ва пойтахти ин давлат Тахти Љамшед ва нишонањои тамаддунњои дигар. Ин дав­латњоро дар замони мо мањз аз рўи њамин нишонањои тамаддунии онњо мешиносанд ва арљгузорї мекунанд. Аз тањлил ва арзёбии тамаддунњои номбурда бармеояд, ки меъёрњои њуќуќии баъдї аз њуќуќи Рим, Хартияи бузурги озодии англисии соли 1215 ва конститутсияњои аввалини давлатњои аврупоии замони нав аз ќонунњои Хаммурапи ва Эъломияи Куруши Кабир ѓизо ва сарчашма гирифтаанд. Илмњои фалсафа, риёзиёт, њандаса, њуќуќ, таърих, адабиёт, забоншиносї, ситорашиносї, табиёт, љуѓрофия ва баъзе илмњои дигар дар мамолики Шарќи Ќадим тавлид ёфта, баъд баъзе аз онњо дар Юнону Рим шакл гирифта, дар мар­њ алањои ояндаи таъри90

хи башар ѓанитар шуда, моњияти умумибашарї пайдо намудаанд, яъне азони ањли башар гардиданд. Ањли башар дар њар марњалаи навбатї на танњо он илмњоро тараќќї додааст, балки унсурњои мазмунї ва башардўстонаи онњоро низ боз њам ѓанитар гардонидааст. Дар воќеъ, њамагонї гардидани методологияи гуманистї тавассути дастовардњои давлатњои пешќадами љањон дар соњањои сиёсат, идораи давлат, муносибатњои байнињамдигарии халќу миллатњо, фаъолияти хољагидории давлат, ин­ сон ва љомеа, маданияти моддї, фарњанг, маънавият, њуќуќ, ахлоќ, дин ва фаъолияти инсон дар љодаи бунёди арзишњои гуманистї ба вуљуд омадаю ташаккул ёфта, дастраси ањли башар гардидаанд. Аз ин рў, методологияи гуманистї аслан тамаддунасос буда, моли њамагонии тамоми башар аст ва ба онњо хизмат мекунад, яъне аз он њар як давлат ва халќу миллати муосири љањон истифода мебарад. Таърих дар љомеаи демократї ба гуманизм асос ёфта, таърихи тамаддунро инъикос мекунад, ки нерў ва симои асосии он ИНСОН мебошад. Даврабандии таърих мањз бояд дар асоси методологияи гуманистии тамаддунасос банду баст карда шавад. Танњо дар њамин сурат ин илм дар башардўстона бакамолрасии љомеа ва инсонњо хизмат карда метавонад. «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ МИНБАРИ ТАЉРИБА

Мўњсин ШАРИФОВ, ходими калони илмии Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

НАЌШИ ФАНЊОИ ЉОМЕАШИНОСЇ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ШАЊРВАНДИИ ХОНАНДАГОН Пас аз соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон зарурати ба таври нав сохтани тамоми пояњои њуќуќие, ки дар асоси онњо низоми давлати комилњуќуќ ва сукунати шањрванди комил ташаккул меёбад, ба миён омад. Барои њалли дурусти мушкилоти љойдошта ќонуну санадњои меъёрии вобаста ба фаъолияти идоракунии давлатии иќтисодиёт, њифзи манфиатњои миллї, сиёсати хориљї, њаёти љамъиятию сиёсї, фарњангї, њифзи ичтимої ва ташаккули маърифати шањрвандию табиат ва риояи тартиботи њуќуќи дахолатпазир ќабул карда шуд. Бо асоси амри Президенти Љумњурии «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

Тољикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ќарори Њукумати Љумњурии Точикистон аз 22-уми августи соли 1997 «Дар бораи бењтар намудани тарбияи њуќуќї ва ташаккули маърифати шањрвандон» ва силсилаи њуљљатњои муњим ба имзо расиданд. Омўзиши фанњои љомеашиносї дар ташаккули маърифати хонандагон њамарўза муњим ва хеле зарур мебошад. Зеро мардуми тољик дар назди худ вазифаи таърихї, ташаккул ва пойдории давлати њуќуќбунёдро гузоштааст. Барои бунёд ва пойдории чунин 91


МИНБАРИ ТАЉРИБА БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

давлат зарур аст низоми нави њуќуќие ташкил карда шавад, ки ба инсондўстї ва маърифатнокии насли наврас асос шуда тавонад. Ќонунњои навин барои инкишофии љомеа шароити лозима муњайё мекунанд, то ќобилияти ташаккули маърифати шањрвандон бо манфиатњои љомеа њамоњанг бошанд. Тарбияи шањрвандии хонандагон масъалаи рўзмарра, асосї ва марказии педагогикаи муосир ба њисоб меравад. Аз ин хотир дар ин масъала њам дар педагогика ва њам дар амалияи кори таълиму тарбияи насли наврас диќќати љиддї додан зарур аст. Ба тарбияи ватандўстї ва маърифатнокии шањрвандон мутафаккирони гузаштаи мо ањамияти бештар зоњир менамуданд ва анъанаи гузаштагонро олимони муосири тољик идома медињанд. Бояд тазаккур дод, ки тарбияи ватандўстї ва ташаккули маърифати шањрвандии муњассилин ва насли ояндасоз дар њамаи давру замон муњим ва рўзмарра ба шумор меравад. Ваќте ки мо дар бораи таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули маърифати шањрвандии онњо сухан меронем, зарур аст, ки ин наслро дар рўњияи неки инсондўстї, ба92

родарию баробарї бояд тарбия намоем. Арбобони илму маданият ва пе­д а­г огњои замони шўравию муосири тољик оид ба тарбияи ахлоќї, мењанпарастї, худогоњии миллї, та­ран­нуми сулњу дўстї, тарбияи љис­м онї, эстетикї, башардўстї, маъ­рифатдўстї, ва ѓайра андешањои нињоят арзишманд баён кардаанд ва онњо метавонанд дар тарбияи шањрвандї њамчун пойдевори усту­вор хидмат намоянд. Тарбияи шањр­ вандии хонандагон тавассути таълими таърихи халќи тољик чун дигар фанњои таълимї асосан дар дарс амалї мешавад. Аз ин рў, хусусият ва имкониятњои онро хуб дониста ва самаранок истифода бурда тавонистани њар як омўзгор зарур мебошад. Барои роњандозии ин кор илми педагогика вуљуд дорад ва олимони ин соња принсипњои дидактикаро кор карда, дастраси омўзгорони муассисањои таълимї гардонидаанд. Принсипњои дидактикї дар таълими таърихи халќи тољик ба таври васеъ истифода бурда мешаванд ва дар тарбияи шањрвандии хонандагон воситаи боэътимоди илмї ба њисоб мераванд. Албатта, њангоми омўхтани њар як фанни таълимї хусусиятњои дидакти«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ МИНБАРИ ТАЉРИБА

кии он ба назар гирифта мешавад, зеро њар кадоми онњо сохт, мазмун, мундариља, вазифа ва маќсадњои муайяни худро доранд. Вазифањои таълимиву тарбиявї ва ташаккули ќобилияти фикрии хонандагон дар дарси таърих бо роњи аз љониби омўзгор интихоб намудани тарзу усулњои хуби таълими самаранок иљро мегарданд. Дарси таърих ќисми мазмуне ме­бо­шад, ки он дар низоми курси мактабї мутобиќи принсипи проблемавии солшуморї сохта шудааст. Воќеаву рўйдодњо дар њар як воњиди ваќт дода шудаанд. Роби­ тањои байнињамдигарии љараён ва ќонуниятњои иќтисодї, сиёсї, иљти­мої, таърихию фарњангиро хонандагон дар рафти дарс дар зери роњбарии омўзгор ба даст медароранд. Дар ин њолат чанд низоми дарсро дидан мумкин аст, ки дар он масъалањои зерин баррасї мегарданд: 1. Масъалањои њаёти иќтисодии љомеа дар њолати п а й д а р њ а м и и и в а з ­к у н и и њамдигарии марњалањои таъ­рихї. 2. Масъалањои сиёсї-иљтимоии њаёти љомеа. 3. Масъалањои таърихїфарњангии њаёти љомеа. Дарси таърих бештар ба масъала­њои марбут ба чараёни таърих, љањон­фањмї ва љањонбинї «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

сарукор дорад, ки ќисми таркибии он њаёти сиёсї, иќтисодї, ичтимої ва фарњангї мебошад ва билохира онњо унсурњои аз њам људонопазир мебошанд. Ин унсурњо дар дарсњои таърих ва љомеашиносї мавриди баррасї ќарор гирифта, дастраси хонандагон мегардад ва љањонбинї, самаранокии ташаккули маърифати шањрвандии эшонро ташаккул медињад. Њангоми омўзиши давраи Њахоманишиён, давлатдории портњо, Юнону Бохтар, Кўшониён, Тоњириён, Саффориён, Сомониён, Ѓуриён, Курдњои Њирот, Сарбадорон ва амсоли инњо пайваста муќоиса мегардад, ки дар он давру замон дар низоми сиёсї, иќтисодї, ичтимої ва фарњангї кадом муваффаќиятњо назаррасанд ва сабаби аз байн рафтани ин давлатњо дар чист? Бо ин роњ насли имрўза аз таърихи ниёкон таљриба гирифта, дарки маънї пайдо мекунад, ки аљдоди мо дар тўли асрњо чї тавр зиндагї доштанд? Њар кадом хонанда чї гуна ќобилияти фикрию љисмонї дорад ва таълиму тарбияи ў чї гуна сурат мегирад, бояд ба омўзгор аниќ бошад. Устод бояд фаромўш насозад, ки одам дар љомеа тарбия ёфта, ба ќамол мерасад. Таълим ва тарбияи шањрвандї кори нињоят 93


МИНБАРИ ТАЉРИБА

мураккаб аст ва онро бо супориши иљтимоии замона мутахассисони соња ва омўзгорон ба љо меоранд. Ба омўзгор лозим аст, ки ќонуниятњои рушди равонї, љисмонї, ахлоќї, фарњангї ва маърифатии хонандагонро хуб азхуд намояд. Ин кор ба сол, љомеа, муњити зист ва омилњои зиёди дигар марбут мебошад. Аз ин рў, омўзгор дар љараёни тарбияи шањрвандии хонанда љараёни таълиму тарбияро хуб омўхта, метавонад дар њолати зарурї ба он таѓйирот ворид намояд. Дар раванди тарбия аз умќи дили хонандаи имрўз бохабар будан лозим аст ва илова бар ин, дар нињоди ў шањрванди њаќиќиро ташаккул додан ба маќсад мувофиќ мебошад. Дар тарбияи шањрвандї талаботи шахс ањамияти бузург дорад. Тарбияи шањрвандии хонандагон шарти муњими самараноки ташаккули маърифати шањрвандї ба њисоб меравад. Дар раванди омўзиши дарсњои таърихи халќи тољик тарбияи шањрвандї њамзамон бо таълими он сурат мегирад. Аз њамин сабаб муайян кардан хеле муњим аст, ки оё шавќи муњассилин барои омўзиши таърихи кишвар ва дар худ ташаккул додани сифатњои шањрвандї дар кадом поя ќарор 94

дорад. Таљриба ва тањќиќи бисёрсола нишон медињад, ки раѓбату талоши муњассилин - аз синфи панљ сар карда то синфи ёздањ яксон набуда, чунин зуњурот ба хусусиятњои физиологї ва аќлию маърифатии онњо алоќаманд мебошад. Хонандагони синфњои 5-6 моњияти ватандўстї, маърифатї ва ахлоќии бештарро соњибанд, вале аксарият гуфта наметавонанд, ки маърифати шањрвандї чист ва барои онњо чї зарурат дорад. Онњо дар синфњои 7-8 арзишњои маърифатию шањрвандии пайдонамудаашонро боз њам мустањкам менамоянд. Дар ин син онњо бо боварии комил гуфта метавонанд, ки барои чї таърихи кишварро меомўзанд, барои чї ватанашонро дўст медоранд ва вожаи «Ватан» барои онњо чї маънї дорад? Дар синфњои 9-10 сифатњои шањрвандии хонандагон боз њам зиёдтар ташаккул меёбанд, муносибати онњо нисбат ба муњити зист, волидон, дўстон, њамдарсон, мактабиён, омўзиши таърихи ватан ва ѓайра таѓйир меёбад ва итоаткунї ба ќонун, ёрмандї ба њамватанон, масъулият дар љомеа, шуљоатнокии шахс, њимояи бечорагон, арљгузорї ва эњтиром ба таърих ва суннатњои волои миллї самаранокии ташак«Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

кули маърифати шањрвандии хонандагонро боз њам мустањкам менамояд. Омўзиши дарсњои таърихи халќи тољик бо усулњои гуногун роњандозї мегардад ва тарбияи шањр­вандї низ дар њар як соати дар­сї бо шакли гуногун сурат мегирад. Масалан, њангоми омўзонидани мавзўи «Инќилоби маданї дар ЉШС Тољикистон» (синфи 10) омўзгор ба тарбияи маърифатї, ватанпарварї, сулњпарастї диќќати љиддї медињад. Дар мавзўи дигари њамин синф «Иштироки љанговарони Тољикистони дар муњорибањои давраи анљомёбии Љанги Бузурги Ватанї ва Љанги Дуюми Љањон (январи соли 1944 -сентябри соли 1945)» диќќати асосї ба тарбияи ватандўстї, шуљоатмандї, ќањрамонї, инсондўстї, тарбияи интернатсионалї ва мардонагии ќањрамонони тољик дода мешавад. Намуди дарс барои ин ё он мавзўъ ва синфе, ки дарс гузаронида мешавад, бо самаранокии омўзиш ва ташаккули маърифати шањрвандии хонандагон сахт вобаста аст. Њоло дар Тољикистон баробари омўхтани таърихи халќи тољик, асосњои давлат ва њуќуќ, њуќуќи инсон, маърифати оиладорї низ омўзонида мешавад. Омўзгор дар мавзўъњои «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва њуќуќї, ки дар китобњои дарсї дарљ гардида, ба хонандагон пешнињод шудааст, метавонад илова бар он дарсро ба тариќи гурўњбандї гузаронад. Замони ба охир расидани ваќти муайяншуда сардорони гурўњњо фикру андешањои худро баён намуда, њар кадом худро њимоя мекунанд. Дар чунин дарсњо якчанд сифати шањрвандии хонандагон - маданияти сиёсї ва њуќуќї, ќобилияти озодандешї ва мустаќилиятнокии онњо - ташаккул дода мешаванд. Ба аќидаи мо, хуб мешуд, ки дар макотиби тањсилоти миёнаи умумии кишвар барои баланд бардоштани маърифати шањрвандї соати муайяне људо мегардид. Вазифаи њар як омўзгор ва шањр­ванди љомеаи њуќуќбунёд баланд бардоштани самараи ташаккули маърифати шањрвандии хонандагон ва њифзи вањдати миллии кишвар мебошад ва боястї бањри тарбияи комили шањрвандии насли љавон бикўшем, то ободию созандагии кишварамон њамвора пойбарљо бимонад.

95


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Фатњулло КАРОМАТЗОДА, омўзгори калони кафедраи тањсилоти ибтидоии касбии ДЉТИБКСМ

ИНТИХОБИ КАСБ – РУКНИ АСОСИИ КОРИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ Њунар омўз, к-аз њунармандї, Даркушої кунї, на дарбандї. (Низомии Ганљавї) Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон дар вохўрї бо донишљўёни Донишкадаи давлатии њунарњои зебои Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода иброз намуда буд, ки мањз тарбияи сањењи касбї ва фароњам овардани шароити мусоид минбаъд истеъдодњои љавонони моро ба арсаи љањонї мебарорад. Аз ин лињоз, ба назари мо, дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 01.04.2011, № 164 «Дар бораи тасдиќ намудани Барномаи рушди рањнамои касбии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» дар машваратњои гурўњї, семинар-машварат, вохўрї бо со­биќадорони мењнат, њафтаи интихоби касб ва роњнамої намудан ба касбњои замонавї ба хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ва асосї аз ањамият холї нест. Падару модарон, муаллимон, мураббиён ва фаъолони љамъиятиро зарур аст, ки рољеъ 96

ба интихоби касби ояндаи кўдакон ва наврасон, бо назардошт ва бањисобгирии бозори мењнат њанўз аз даврањои аввали таълим кор баранд. Дуруст аст, ки маќсаднок бурдани корњои фањмондадињї дар байни хонандагони синфњои ибтидої оид ба интихоби касб ба љањонбинї, маълумотнокї ва истеъдоди маъмурияти муассисањои таълимї - боѓчаву мактаб ва мураббиёну омўз­горон, минљумла, роњбарони синфњо вобастагии зиёд доранд. Аввалан, мураббиёни боѓчањо ва омўзгорони мактабњои тањсилоти умумии миёна ва асосї бо таљрибаи зиёд солњои тўлонї бо характеру хислат, дарку љањонбинї ва ќобилияту истеъдоди шогирдони худ шинос гашта, метавонанд оид ба касби интихобнамудаи онњо дар њамкорї бо падару модари шогирдон машварат намоянд. Бинобар ин зарурате пеш меояд, ки оид ба интихоби касб дар мактабњо наќшаи корї тањия намуда, чорабинињои банаќшагирифтаро дар давоми «Маорифи Тољикистон», 2012, №5


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

соли хониш пайваста ва зина ба зина амалї намоянд. Бисёр хуб мешуд, ки њанўз аз оѓози мактабхонї мо барои њар як хонанда дафтари алоњида кушоем ва хоњишу дарки дар оянда кї шудани њар як шогирди хешро ќайд намоем. Дар синфњои минбаъда майлу раѓбат ва орзуи њар як хонандаро то хатми мактаб дар дафтари номбурда сабт намоем. Албатта, маќсад ва ташкили ин кор танњо барои ном ва ба таври таваккалї пур кардани ин дафтар нест. Маќсад он аст, ки муаллим ва роњбари синф, новобаста аз он ки хонанда дар кадом синф тањсил менамояд, ба умеди дарк кардани майлу хоњиш, мањорату ќобилият ва орзуву омоли хонандагон њамкорї намоянд. Аз тарафи дигар, ташкил ва гузаронидани соатњои синфї оид ба интихоби касб, агар мо ба чунин дарсњо намояндагони соњањои гуногуни хољагию истењсолот, илм ва тиб ва дигар идорањои ќудратиро даъват намоем, боиси муассирии кор мегарданд. Мушоњидањо нишон медињанд, ки аксари хонандагон бо тавсияи волидайн, баъзењо бо таъсири њамсинфон ва як ќисми хонандагон бо тавсияи хешу табор касби ояндаи хешро интихоб менамоянд. Бинобар ин, баъди хатми муассисањои тањсилоти ибтидоии касбиву олї ва гирифтани касб дар фаъолияти кории аксари љавонон «Маорифи Тољикистон», 2012, №5

пешравї ё масъулияти баланди шањрвандї эњсос карда намешавад. Аз ин лињоз, онњо маљбур мешаванд, ки касби дигарро омўзанд ва ё дар соњањои дигар кор ва фаъолияти хешро идома дињанд. Дар интихоби касби ояндаи кў­дакону наврасон дар баробари ташкили гўшањо, расмњо, рўзнома ва албомњо гузаронидани соатњои синфї, навиштани иншо, гузаронидани вохўрињо бо пешсафони мењ­нати корхонањои давлатї ва ѓай­ри­давлатї шарт ва зарур буда, бештар ањамияти амалї дорад. Зеро хонанда дар ин маврид метавонад нисбат ба касби интихобнамудааш дилбастагии бемайлон пайдо намояд. Дуруст интихоб кардани касб, пеш аз њама, ба манфиати падару модар ва ањли љомеа мебошад. Њангоми бо шогирдон дуруст ва бомаќсад кор бурдан мо метавонем бањри пешрафти љомеа, тараќќиёти давлат ва бењдошти зиндагї сањми сазовор дошта бошем. Пас ояндаи давлату миллат ба фаъолияти кормандони соњаи мао­ риф, сифати таълиму тарбия, њам­ корї бо оила ва нуќтањои машваративу рањнамоии касбии шањру ноњияњо сахт алоќаманд мебошанд. Тавсияи дурусти интихоби касб ба кўдакону наврасон яке аз рукнњои асосии кормандони соњаи маориф низ мебошад. 97


Maorifi_Tojikiston #5 2012