Issuu on Google+

Беіин фарди їаіон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст.

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

№ 19 (11880) 10-уми майи соли 2013

НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЇУМІУРИИ ТОЇИКИСТОН

6 ДАР

www.omuzgor-news.tj

ИН ШУМОРА:

ЊАФТ ЊАДАФИ МАЪНАВИИ ПАЁМ

Сарвари давлатамон ѓояи "Тољикистони озоду соњибистиќлол - Ватани мањбуби њамаи мо"-ро пешнињод менамояд, ки метавонад њамчун "нуќтаи пайванд ва њалќаи ба њам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазњаб ва аќидаву мавќеи сиёсї" хизмат намояд.

сањ.

2

ДАРС ОН ГОЊ "СПЕКТАКЛ" НАМЕШАВАД

Мутахассисон дар ќисмати аввали маќолаи хеш дар бораи дарси кушод изњори аќида намуда, аз љумла, чунин овардаанд: "...кори таълиму тарбия худнамої ва дурўѓу риёкориро намеписандад. Дарси кушод ва ташкили он амали нек ва шоистаест, дар сурате ки он аз рўи талаботи педагогї- психологї ба роњ монда шавад".

сањ.

3

ХАТИ СИЁЊ ОМАД, ВАЛЕ...

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халќии Тољикистон

ВАТАН ДАР ЉОН Ватан - љоне, ки дар љони ману туст, Ватан - ноне, ки дар хони ману туст. Ватан ойинаи оби зулол аст, Ватан покии виљдони ману туст. Ватан як пораи нури илоњист, Шабафрўзи шабистони ману туст.

МАРЗИ ШАЪНУ ШОН Он чист, ки марзи шаъну шон аст? - Ватан! Имону амони мо дар он аст? - Ватан! Он чист, ки бе вай њама чизи олам Бе њусну таровату равон аст? - Ватан! Он чист ба њаљр зинда дорад ёдаш, Чун шахд њамеша дар забон аст? -Ватан!

Ватан ишќ аст, ишќи ёри љонист, Ватан љонона љонони ману туст.

Аз подшањї ба мулки ѓурбат болост, Хокаш зи њама ганљ гарон аст? -Ватан!

Ватан пайваста пайки родмардист, Ба по истода паймони ману туст.

Он чист, ки маънои тамоми њастї, Дар маънии поки он нињон аст? - Ватан!

Ватан он моми пир, он тифли маъсум, Ватан дар рўи дастони ману туст.

Сарбайти суруди безаволи њастист, Сарманшаи ишќи љовидон аст? - Ватан!

Дили ў дар дили мо мезанад дил, Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Њам ќимату њам њиммату њам њикмати ту Дар вањдати љони ў нињон аст? - Ватан!

Ватан гуфтан кам аст, эй љон, Ватан бош! Ватан дар шонаву шони ману туст...

Он чист, ба њељ ќимате нафрўшанд, Он чист, ки дар бањои љон аст? - Ватан!

сањ.

8

ЌАЊРАМОНИИ ХАЛЌИ ТОЉИК …Солњои душвори Љанги Бузурги Ватанї ва мењнати сахту вазнини аќибгоњ барои халќи тољик дар баробари њамаи халќу миллатњои давлати собиќи Шўравї имтињони сангин ба шумор меравад. Дар хусуси ќањрамонии фарзандони Тољикистон 57 нафар Ќањрамонони Иттифоќи Советї ва 260 њазор нафар фиристодагони Тољикистон китобу достонњо ба вуљуд омадаанд: дањњо шеъру ќисса ва филмњо дар хусуси корномаи мардуми тољик, алалхусус, фидокории занону духтарони тољик дар аќибгоњ таълиф ва тањия шудаанд.

сањ.

12

сањ.

14

ПЎЛОДЇ БУДААСТ Ў Дар амалиётњои њарбї ва фронтии Љумъа Пўлодов лањзањои љангї хеле зиёд, њатто бешуморанд. Агар њамаи ин лањзањоро болои коѓаз оварем, китобе хоњад шуд.


№19 10-уми майи соли 2013

4ЊИДОЯТ 26 апрели соли равон. Шабакањои асосии телевизиони Ватани азизамон майдони магнитиеро мемонд, ки диќќати њамагонро ба худ љалб мекард. Њама чизеро интизор буданд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ изњор менамоянд. Дар робита бо фаъолияти касбию мењнатї, ихтисос ва њунар яке ба масъалањои сиёсат, дигаре ба масъалањои иќтисодиёт, сеюмї ба масъалањои иљтимої, фарњанг, маориф ва тандурустї бештар мароќ зоњир мекарданд. Аммо масъалае, ки марбут ба њамагон буд ва ба њама тааллуќ дошт, маънавиёти инсон буд. Хушбахтона, ин масъала, яъне маънавиёт саросари Паём ва метавон гуфт самти муњими онро фаро мегирифт. Ва ин асос дорад: инсон, ки арзиши волост, нерўи маънавии он волотар аст. Ваќте Президент: - дар бораи забони нобу равони тољикї; - дар бораи Наврўзи байналхалќї, ки љузъи фарњанги миллии мост; - дар бораи ватандўстї, худшиносї, вањдат ва ифтихори миллї; - дар бораи фарзандхонии кўдакони ятиму бепарастор; - дар бораи њифзи хоки муќаддас; - дар бораи мутолиаи "Ќуръон"-и азимушшаън; - дар бораи дар 20 соли охир бунёди 1000 мактаби замонавї; - дар бораи ба расмият даровардани беш аз 4000 масљид; - дар бораи 33000 кўдаки бепадару модар ва ѓайра њарф мезанад, ин аз маънавиёти волост ва ба роњ мондани тарбияи ахлоќию маънавист. Нерўи инсонро на гўшту пўсту устухони бадан, балки аќлу заковату шууру хирад ва эњсоси он ташкил медињанд, ки њамагї маънавиётанд. Маънавиёт дар чї ифода меёбад? Посух ба ин савол дар Паём нуњуфтааст, ки Президент дар њафт њадаф мебинад: 1. Њифз кардан ва тањким бахшидани давлатдории миллї. 2. Њамаљониба густариш бахшидани худшиносию худо-

ПАЁМИ РАЊНАМО

ЊАФТ ЊАДАФИ МАЪНАВИИ ПАЁМ (Дар њошияи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон)

гоњии миллї, њисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву њуќуќии ањолии кишвар, бахусус, наврасону љавонон. 3. Дар атрофии ѓояи "Тољикистони озоду соњибистиќлол Ватани мањбуби њамаи мо" муттањид намудани тамоми гурўњњо ва ќишрњои љомеаи кишвар. 4. Њар чї бештар густариш додани фарњанги сулњ ва решадор сохтани вањдату ризоияти миллї њамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тољикистон. 5. Фаъолияти тамоми сохтору маќомоти давлатї ва њар кадоми мо доир ба њалли масъалањои љавонон. 6. Њифзи њуввияти миллї ва арзишњои волои халќи куњанбунёдамон дар шароити љањонишавї. 7. Арљгузорї ва эњтироми забони давлатї, яъне, забони зебову шево ва ширину шоиронаи тољикї. Бале, њамаи ин њадафњо ва њадафњои дигар, аз ќабили ахлоќу одоб, кору пайкори одам, гуфтору кирдори инсон - дар маљмўъ, маънавиёти инсонро ташкил медињанд. Шањрванде, ки ин маънавиётро дорост ва ё бањри касби онњо саъю кўшиш менамонд, њељ гоњ даст ба хиёнат намезанад ва шубња њам намекунад. Мутаассифона, - мегўяд Президент, - ашхосе низ њастанд, ки ё бо сабаби маълумоти корї надоштан ё огоњона аз тариќи расонањои хабарї расму ойин ва суннатњои волои миллии моро нодида мегиранд ё тањти шубња ќарор медињанд". Ва Президенти кишвар љашни Наврўзро мисол меорад, ки "гўё он барои мардуми мо ойини бего-

на аст ва аз нигоњи дини ислом љашн гирифтани Наврўз мамнуъ мебошад". Воќеан, дар баъзе кишварњои исломї, аз љумла, Эрон охунњо ва муллоњое фаъолият доранд, ки равнаќу ривољи фарњангиву тамаддуни мамлакатро

Њол он ки Наврўз њамчун як "кашфиёти бузург мањсули тафаккур ва мушоњидањои аљдоди хирадманди мо буда, марбут ба ягон дине нест. "Аслан Наврўз љашне бар мабнои низоми кайњон аст ба ибораи дигар расидани соату даќиќаест, ки назми

ба ислом ва арзи вуљуд кардани дини мубини ислом нисбат медињанд. Яъне, мо то ислом чизе надоштем ва њар чї ки дорем, баъди зуњури ислом аст. Масалан, солњои аввали Инќилоби исломии Эрон баъзењо даъво карданд, ки "Шоњнома" моли мо нест ва пайкараи Фирдавсиро, ки дар маркази шањри Тењрон ќомат афрохтааст, валангор карданї шуданд. Хушбахтона, мардуми зањматкаш ва зиёиёни равшанфикри Эрон даст ба даст занљир шуда, садд шуда њайкалро њифз намуданд. Бод чангу хоки њамон фарњангќимобиро ба Тољикистони азиз њам овард ва баъзе одамони гумроњ, ки тањти садои доираи муллоњои тангназар раќс мекунанд, мањкам доштанд.

кайњон ба њолати эътидоли олї меоянд ва нишонањои эњёи табиат, рамзи пирўзии некї бар бадї мебошад". Он тўдае, ки Наврўзро инкор мекунанд, миллат ва таърихи пуршарафи онро инкор мекунанд. Ин тўда, ба андешаи мо, пир шуда муште гандум ба замин накоштаанд. Агар мекоштанду аз ташвишу тараддудњои дењќонон огоњї медоштанд, гўш ба садои Наврўз медоданд, ки "Бархез, эй марди дењќон, ки айёми кишту кор расид". Маънавиёти ин тўдаи ноогоњ маънавиёти манфиатљў аст. Њамаи коре, ки мекунанд, њамаи сару садоњое, ки мебароранд, пеш аз њама, ба нафъи худ аст. Онњо ихтиёран ба нафъи Ватану њифзи он хизмате накардаанд, фарзандони худро њам ба-

рои њимояи Ватан омодаю сафарбар накардаанд. Аз ин хотир арзиши як тори мўи сафеди ин занро њам надоранд. "Як зани спартаї (Спарта шањре дар Юнони ќадим) панљ писар дошт ва њамаи онњо дар артиш, яъне сафи ќуввањои мусаллањ хизмат мекарданд. Модар мунтазир буд, ки хабаре аз майдони љанг мерасад. Ѓуломе аз љанг омад. Зан - Модар натиљаи размро пурсид. Ѓулом гуфт: "Панљ писари шумо кушта шуданд, вале ѓалаба бо мост". Зан гуфт: "Эй ѓуломи палид, магар аз ту чизе аз писаронам пурсидам? Спарта пирўз шудааст, њамин барои ман бас аст". Сипас он зани диловар ба маъбуд (љойи парастиши Худо) давид ва худоёнро ба хотири зафармандии Ватани худ ташаккур гуфт: зани шањрванд бояд чунин бошад". Кишвари куњанбунёди мо ин гуна мисолњоро хеле зиёд медонад, ки дар достонњо, мусавварањо тасвир ёфтаанд. Сарвари давлатамон ѓояи "Тољикистони озоду соњибистиќлол - Ватани мањбуби њамаи мо"ро пешнињод менамояд, ки метавонад њамчун "нуќтаи пайванд ва њалќаи ба њам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазњаб ва аќидаву мавќеи сиёсї" хизмат намояд. Барои инсоне, ки - дили софу нияти пок дорад; - Тољикистони мањбубро азиз мешуморад; - худ ва наслашро дар роњи њифзи он омода менамояд; - зиндагии орому осуда мехоњад; - дар фикри имрўзу ояндаи кишвар мебошад; - хоњони осмони софу беѓубор аст; - обрў ва маќоми Тољикистонро, ки меросе аз ниёгон аст, дар арсаи байналхалќї мехоњад, аз ин ѓояи бењтаре, гуворое, маъќултаре, мањбубтаре нест. Ин ѓояест, ки барои имрўзу њафтпушти ояндаи соњибватанон хизмат менамояд. М.ЛУТФУЛЛОЕВ, академики Академияи тањс��лоти Тољикистон

4ЊАМОВОЗЇ

4РЎЊБАЛАНДЇ

БАРНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ЊАМАГОН РЎЗЇ НАСИБИ КАС БА НИШАСТАН… Њамасола ањли кишвар Паёми Президентро ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо таваљљуњи махсус мешунаванд ва тавассути он аз вазъи сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангии мамлакат ба таври даќиќу амиќ огањї меёбанд. Паёми Президент, воќеан њам, возењу равшан ва оммафањм садо медињад ва онро њамагон чун барномаи фаъолият мепазиранд. Паёми имсолаи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (26.04.2013) нисбат ба Паёмњои солњои пешин боз њам фарогиртару пурмуњтаво буд. Он, пеш аз њама, далели барљастаест оид ба рушди тадриљї ва бомароми Ватани азизамон дар тамоми љабњањои њаёт. Паём њисси ифтихори ањли Ватани мањбубамонро аз сарзамини хеш, аз истиќлолияти он ва аз комёбињои барљастааш тўли солњои охир боз њам афзуд. Таваљљўњи доимии Президенти мамлакат ба соњаи маориф ва кормандони он дар Паёми имсола бори дигар собит гардид. Сарвари кишвар дар бораи наќши созандаю пешбари ањли таълиму тарбия дар шукуфоии љумњурї бо ихлосу эњтирому самимият сухан гуфта, батакрор таъкид

бар он карданд, ки омўзгорон неруи пешбару боэътимоди љомеаанд ва фардои кишвар мањз аз сатњу сифати фаъолияти онњо вобастагї дорад. Айни замон Президенти мамлакат дар назди ањли маориф вазифањои наву бавусъаттари хоси талаботи љањони муосирро нињоданд, ки созгор ба њадафњои навини сиёсати пешгирифтаи Президент ва Њукумати љумњурї мебошанд. Сарвари кишвар таъкид намуданд: "Вазифаи муњимтарини мо тарбияи шахсияти худшиносу ватандўст, дорои масъулияти баланди иљтимої, соњиби донишу љањонбинии муосир ва нињоят, шахсияте мебошад, ки ќобилияти шинохти равандњои мураккаби љањони имрўзаро дошта бошад. Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат ќарор дода, њамаи тадбирњои заруриро дар ин самт амалї гардонида истодаем". Ин, воќеан њам, њадаф ва вазифаи хеле љиддист. Имрўз омўзгорони кишвар, ки сафашон хеле такмил ёфтаасту аз имтиёзњои махсус бархурдоранд, ба иљрои сариваќтиву комили чунин њадафу вазифањои олї ќодиранд. Ба ин мазмун, тавассути даъватњои хирадмандонаи Президенти мамлакат, ки аз тариќи Паём садо доданд, омўзгорони Ватанамон ба марњилаи нави фаъолияти хеш ворид гаштанд. Нигина САНГМАМАДОВА, омўзгори мактаби №4-и шањри Вањдат

Дар робита ба иљрои дастуру супоришњои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 3-юми майи соли равон бо маќсади таъмин намудани шањрвандони бешуѓл бо љоюи кори доимї ва фароњам овардани имконият оид ба интихоби кори мувофиќ дар шањри Вањдат ярмаркаи минтаќавии љойњои кории холї ташкил ва гузаронида шуд.Дар ярмарка сохторњои системаи Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар шањрњои Душанбе, Турсунзода, Вањдат, Шањринав, Њисор, Рўдакї, Варзоб ва Файзобод иштирок намуда, зиёда аз 3 000 љойи кори холї пешнињод гардид.

Инчунин дар ярмаркаи љойњои кори холї бо маќсади пешгирї намудани љавонон аз њаргуна падидањои номатлуб, оворагардї, даст задан ба љинояткорї ва бањри њавасмандгардонию љалби онњо ба касбомўзї намоиши мањсулоти истењсолкардаи толибилмони муассисањои таълимии Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират ташкил карда шуд, ки ба он љавонон ва мардуми бекасб таваљљуњи хоса зоњир намуданд. Дар робита бо Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бобати ба омўзиш фаро гирифтани 100 000 нафар шањрвандони љумњурї ва иљрои "Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2013 аз љониби Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї ба 10 нафар љавондухтарон аз оилањои камбизоат, ки касби дўзандагиро азхуд намудаанд, шањодатномањои Муассисаи давлатии Маркази таълими

калонсолони Тољикистонро супурда шуд. Рўзи насиби кас ба нишастан намешавад, Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт. Ярмаркаи пешнињоди љойњои кори холї аз љониби Агентињои давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар шањру ноњияњои тобеи марказ дар шањри Вањдат нишон дод, ки имрўз бояд захирањои мењнатї бо талаботи бозори мењнат бо роњи баланд бардоштани сифати омўзиш, чи дар муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии системаи маориф ва чи дар системаи агентињои шањру ноњияњо мутобиќ карда шаванд.Талаботи шањрвандон ба омўзиши иловагї ќонеъ гардонда шаванд.Ин мутобиќату ќонеъгардонињо ба баланд бардоштани шуѓли ањолї ва кам кардани сатњи камбизоатии ањолии кишвар мусоидат кунанд. С.ИСКАНДАРОВ, "Омўзгор"


АФКОР

№19 10-уми майи соли 2013

4АКСИ САДО

ДАРС ОН ГОЊ "СПЕКТАКЛ" Дар њафтаномаи "Омўзгор" аз 15НАМЕШАВАД уми феврали соли равон (№7) зери рубрикаи "Бањс" андешањои Њ. Табаров- корманди шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ ва Ш.Араб - омўзгори мактаби №59 бо номи "Дарс ё "спектакл?" ба табъ расида буд.

Мутахассисон дар ќисмати аввали маќолаи хеш дар бораи дарси кушод изњори аќида намуда, аз љумла, чунин овардаанд: "...кори таълиму тарбия худнамої ва дурўѓу риёкориро намеписандад. Дарси кушод ва ташкили он амали нек ва шоистаест, дар сурате ки он аз рўи талаботи педагогї- психологї ба роњ монда шавад". Бале, аќидаи мутахассисон комилан дуруст аст. Мушоњидањо собит намуданд, ки дар ташкил ва гузаронидани дарси кушод ё худ дарси намунавї баъзан чунин амали номатлуб ба чашм мерасад. Аввало, дарси њаррўзаи муаллими асил њамарўза кушод ё намунавї бояд бошад, дувум, маъмурияти таълимгоњ набояд ба ташкилу баргузории чунин дарси ќолабию дурўѓин роњ дињад. Пас, бе ягон шакку шубња, ташкил ва гузаронидани дарси кушод аз ањамият холї нест, ба шарте ки он аз дурўѓу риёкорї, фиребу худнамої орї бошад. Аслан дарси кушод новобаста аз љињатњои манфии худ, чї тавре ки муаллифон дар маќолаи худ ќайд кардаанд, љињатњои мусбии бештар дорад. Ба ин хотир, пайваста ташкил кардану гузаронидани чунин дарс аз ањамият холї нест. Чунончи, он метавонад: -дар такмили ихтисоси омўзгорон наќши муассир гузорад; -ба омўзгорони љавон дар самти интихоби роњу усулњои нави таълим кўмак расонад; -омўзгорро ба љустуљў ва истифодаи технологияи љадиди таълим водор намояд; -бањри расидан ба њадафњои хеш аз усулу шевањои муосири таълиму тадрис истифода барад; - дар барњам додани мушкилоту камбудї замина пайдо карда, монеањоро дар таълим барњам дињад; -омўзгорон аз таљрибаи кори якдигар воќиф шуда, бењтарин лањзањои дарсро барои худ интихоб намоянд; -аз бењтарин воситањои гуногуни арзёбии дониш, малака ва мањорати

4ФАЪОЛИЯТ Маориф соњаи дорои ањамияти стратегї ва бештар тараќќиёбандаи фаъолияти одамон ба шумор рафта, асоси рушди шахс, љомеа ва давлатро ташкил медињад. Маќсади маориф ќонеъ гардонидани талаботи шахс барои рушди њамаљониба бањри амалї сохтани истеъдод, баќои зиндагї, мављудият, баланд бардоштани сифати кори таълиму тарбияи шахсият ва дар ин замина афзун намудани мероси иќтисодї, фарњангї ва маънавї барои таъмини инкишофи иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон мебошад. Чунонки дар Паёми Президент Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї омадааст: "вазифаи таълим ва тарбия њамчун љузъи таркибии маориф дар шароити давлати демократию њуќуќбунёд ва дунявї аз он иборат аст, ки шањрвандони сатњи маърифатнокиашон баланд, дорои тафаккури эљодї, њамаљониба рушд ёфта, соњиби дониши амиќ, мањорат, малакаи касбї тайёр намояд, ки онњо бо ѓояњои сулњдўстї, инсонпарварї, адолати иљтимої, риояи арзишњои аз тарафи умум эътирофшудаи љомеаи кунунї, њуќуќ ва ќонунњо фаро гирифта шудаанд". Яке аз вазифањои пурифти-

хонандагон истифода баранд; - фазои њамкорї, гуногунандешї ва мубодилаи таљрибаи кории омўзгоронро ба вуљуд оварад; -истифодаи маќсадноки аёният ва васоити техникаи таълимии муосир таъмин гардад; -њавасмандии омўзгорони љавонро нисбат ба пешаи хеш афзун намояд; -омўзгоронро бањри оќилона истифода бурдани њар як даќиќаи ваќт водор намояд; -мањорати педагогии омўзгор ва навпардозии ўро сайќал дињад. Дарси кушод, аз як тараф, њисоботи эљодии муаллим дар назди њамкасбонаш бошад, аз тарафи дигар, дар рушди касбии ў дарёфти роњу усулњои фаъоли таълим ба омўзгорони љавон кўмак мерасонад. Њамин тариќ, дарси кушод бояд дар ташаккули касбии омўзгорон наќши бориз гузошта, дараљаи баланди фаъолият, мустаќилият ва гуногунандешии хонандагонро ба вуљуд оварда тавонад. Пас аз анљоми дарс истифодаи роњбари иттињодияи методї аз чунин арзёбии натиљаи кори омўзгори дарсдињанда аз ањамият холї нест:

Бояд гуфт, ки иттињодияи методї метавонад нишондињандаро идома ва такмил дода, ба њар узви иттињодияи методї вараќаи арзёбии натиљаи кори муаллимро таќсим карда, барои боз њам бењтар ба роњ мондани раванди таълим фикру андешаи муаллимонро гирифта, мавриди омўзиш ќарор дињад. Дар ин сурат дарс "спектакл" не, сањнаи омўзиши омўзгорон мегардад. Б.ЊАЙДАРОВ, корманди МЉТМ

4МУЊИТИ ЗИСТ Одамон аз шунидани калимаи "љанг" њамчун фољеа ба дањшат меафтанд. Имрўз фољиаи экологї мардуми кураи заминро бештар ба ташвиш андохтааст. Табиат дар њолати садамаи экологї ќарор дорад ва одам ба муњити зисти бехатар бештар ниёз мондааст. Олимони муњитшинос солњои охир муайян карданд, ки дар натиљаи муомилаи нодурусти одамон ба муњити зист бисёр намуди њайвоноту наботот ва микроорганизмњо рў ба нестшавї овардаанд.

ОДАМ БО ТАБИАТ ЗИНДА АСТ

Обхезињо, гирдобњо, боришоти тезсуръат, баландшавии њарорат ва дигар њодисањои табиат сабаби вайроншавии экология мегарданд. Фаъолияти экологї ба як минтаќа не, ба тамоми кураи замин тањдид мекунад. Мо мегўем, ки табиат моро мехўронаду мепўшонад. Вале намедонем, ки як рўз не, як рўз он аз мо барои муносибати сардамон ќасос меситонад. Надонистани ќонуниятњои экологї ва мањрумият аз дониши экологї метавонад ба сари инсоният бадбахтї оварад. Наќшањои сарсарї ва яктарафа бањри бунёди мањаллањои ањолинишин, заводу фабрика, корхонањои саноатї ва ѓайра метавонанд љои њайвоноти муќаррариро таѓир дињанд, вале њайвон дар љои нав бо тезї одат намекунад ва рў ба нестї меорад. Инсоният њар сол аз табиат барои эњтиёљоти худ дањњо миллиард тонна маводи гуногун мегирад. Њангоми истифода ба он на камтар аз 20 миллиард тонна моддањои зараровар ва партовњо медињад. Магар ин вайрон кардани муњити зист нест?! Як мисоли одї. Имрўз аз партовгоњњо пасмондањои корхонањои саноатї, фермањои чорводорї ва ѓайрањо ба љўйбору дарёњо омехта мешаванд, вале мо парвое надорем. Ё масалан, худ тасаввур кунед, дењае, ки 100 хољагї дорад, ѓайри сўзишвории дигар њар хонавода ба њисоби миёна 3-тоннагї ангишт сўзад, ба њаво чї ќадар газ хориљ мешавад. Њисоб карда шудааст, ки дар 25 соли охир одамон он ќадар љангал буридаанд, ки дар тўли мављудияти инсоният чунин накарда буданд. Ин гуна њолати ногуворро дар талу теппањо, домани кўњњо, канору њамгаштњои њар як мањал мушоњида кардан мумкин аст. Оё фаромўш кардаем, ки "фабрика"и истењсоли оксиген растанињои сабз мебошанд? Њисоб карда шудааст, ки растании бутун, ба хусус, сўзанбарг аз аввали муѓљакушої то анљоми сол 400 литр оксиген хориљ мекунад. Аз сабаби берањмона кандани хорбунањо, буридани фарку бодом, арчаю писта, дўлонаю чормаѓз, челон, дигар намудњои дарахт табиати мамлакат њусни худро гум мекунад. Махсусан, дар мавзеъњои ањолинишин камшавии дарахтон мушоњида мешавад. Ногуфта намонад, ки дар як сол зиёда аз 5 миллиард тонна гази карбон (СО2)

ба њаво сар дода мешавад, ки он ба дигар газњои фазо омехта шуда, бо буѓи об ба замин мерезад. Ин њолат ба олами набототу њайвонот ва умуман, олами зинда хатарнок мебошад. Аз таъсири маводи сўзандае, ки аз заводу фабрика ва корхонањои саноатї хориљ мешаванд, ќабати озонесфера тунук мешавад, нурњои ултрабунафш ва инфрасурх бештар ба замин омада мерасанд, ки ин боиси касалињои гуногун, бахусус, саратон мегардад. Ѓализшавии таркиби њаворо мутахассисони соњаи экологї аз зиёд шудани воситањои наќлиёт медонанд. Аниќ шудааст, ки аз шумораи 1 миллион автомобил њар сол ба њавои атмосфера 80 њазор тонна моддањои зањрдор хориљ мешаванд. Мо бояд фаромўш накунем, ки муътадилии муњити зист на танњо барои наботототу њайвонот, микроорганизмњо, балки барои њаёти инсон ва фаъолияти саломатию мењнати ў низ зарар дорад. Вайрон шудани муњит, хок ба воситаи њаво ё хоку об бисёр намуди олами набототу њайвонотро ба нестї мебарад. Экология мављудотеро рўи дидан надорад, ки рустанињои сабзро нобуд месозад, алафу буттазорро оташ мезанад, њољатхонањою молхонањоро сўи дарё равона мекунад. Фаромўш набояд кард, ки аз оташ додани киштњои замин чї ќадар растанї, лонаи љонварон, хазандагон нобуд мешаванд. Табиат чизеро зиёдатї немеофарад. Њар чизи рўи замин, хоњ фоидаовар бошад, хоњ зараровар, аз нуќтаи назари илми экология дар муњит вазифаеро адо мекунад. Мо бо андешањои боло гуфтанием, ки дар љамоатњои дењот, таълимгоњњо, љойњои љамъиятї тарбияи экологиро хуб ба роњ бояд монд. Хоњем, ки саломат бошему зинда монем, њамеша ба вазъи экологии минтаќаи хеш бояд дилсўзонаву љиддї муносибат кунем. Хуллас, ба табиат ва муњит њар яки мо бояд бо дидаи аќлу хирад нигарем. Одам, ки берун аз табиат вуљуд дошта наметавонад, бояд ин маъниро ба дурустї дарк намояд. Дар акси њол, ба њаёт хиёнат мекунад.

СИНФЊОИ ИБТИДОЇ: НАЗАРИ НАВ хори мактаб аз он иборат аст, ки тарбияи инсондўстонаи насли наврас, ташвиќу тарѓиби пайванди наслњоро ба роњ монад, њисси шањрвандии шогирдонро бедор намояд, то ин ки онњо ўњдадорї ва њуќуќи худро дар назди халќу мењан, љомеа ва давлат фањманд ва ба меъёрњои олитарини инсонї такя карда, дар муњокимаи масъалањои муњиму сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангї фаъолона ширкат варзанд. Шогирди мактаб дарк кунад, ки дониши имрўз гирифтааш бори гарон набуда, балки тўшаи роњ аст ва дар чорсўи зиндагї, ба хубї эњсос намояд, ки дар љодаи њаёт роњи росту њамвор нест. Инсон ќодир аст, ки зиндагиро таѓир дода, љомеаро ободу шукуфон бисозад. Татбиќи амалии вазифањои мазкур ќабл аз њама ба омилњои зерин вобастагї дорад: - таѓирпазирии мазмуну мундариљаи маълумот ва роњу усулњои таълиму тарбия; - мавќеъ, наќши тафриќа ва муштарак дар мазмуни маълумот; - гуманизм ва демократикунонии љараёни таълиму тарбия.

Вобаста ба ин дар фасли 11-и Ќонуни маориф омадааст, ки мактаби тањсилоти умумї дар Љумњурии Тољикистон аз се зина иборат аст: зинаи якум мактаби маълумоти ибтидої ( сифњои 1 - 4 ) ; зинаи дуюм мактаби асосии маълумоти њамагонї ( синфњои 5 - 9 ) ; зинаи сеюм - тањсилоти миёнаи умумї ( сифњои 10 - 11 ). Таълими ибтидої пояи ташаккули шахсият, тањкурсии минбаъдаи омўзиш ва парвариш мебошад. Вай њамчун муайянкунандаи комёбї ва нокомии мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти ояндаи онњо наќши муњим мебозад. Сухан на дар бораи он меравад, ки хонандагон дар ин зина хондан, навиштан ва њисоб карданро меомўзанд, бо њодисањои табиат каму беш шинос мешаванд, балки шавќу њаваси маърифатандўзии бачањо нисбат ба мактаб, таълим, муаллим ва китоб меафзояд, ки ин вазифаи хеле муњим дар раванди таълим мебошад. Муаллими синфњои ибтидої бо кўдакони 7-10-сола сару кор дорад. Аз ин хотир, вай бояд

њамчун тарбиятгар мушфиќу мењрубон, серњаракат, чењракушоду њозирљавоб бошад.Муаллимони синфњои ибтидої бояд тахайюлоти бой, лафзи ширин, забони гўё дошта, бо ривояту афсонањои диќќатангези хеш њамеша бачањоро мафтун карда, дурро наздик, мушкилро осон, мураккабро содда карда нишон дода тавонад. Бо рафтор, хулќу атвори нек чун оњанрабо кўдаконро ба сўи худ кашида тавонад, ояндаи неки онњоро чун офтоби оламоро мунаввар созад. Муаллимони синфњои ибтидої медонанд, ки шогирдони онњо баъди 10 - 15 сол сарварони коргоњњои истењсолианд ва онњо бояд ба таври нав фикр кунанду корро пеш баранд. Барои он ки бо тарзи нав кор кунанд, њатман бояд ба тарзи нав бихонанд, муаллим бояд бо тарзи нав ба дарсњо тайёрї бинад ва дар хотир дошта бошад, ки барои муаллими эљодкору ташаббускор њар як дарсаш хонаест тозаю нав. Валекин ин љањони тозаю нав ба омўзгорон дар натиљаи мењнат, мањорат ва муњаббат муяссар

Ќ. ЉОМЇ, омўзгори мактаби №9-и ноњияи Файзобод, мегардад. Мењнати эљодї, мањорати педагогї, муњаббати модарона. Ана он њама сирру асроре, ки кадри устодонро ба осмон мебардорад, дари љањони навро ба сўяш боз мекунад. Љараёни таълим фаъолияти тарафайнро таќозо мекунад. яъне фаъолияти якљояи муаллиму хонандаро. Муаллим бояд бо ањли синф якљо муњити кори умумї - педагогикаи њамкориро ба вуљуд орад. Њељ гоњ ман мехонам, ман менависам, ман наќл мекунам гуфтан лозим нест. Бо ин шева бояд рафтор кард: мо мехонем, мо менависем, мо наќл мекунем … Бигзор, хонандагон дар симои устодони хеш як њамдарди худро бубинанд. Дар синфњои ибтидої устодоне машѓулият гузаронда метавонанд, ки нисбати бачањо мењрубон, пуршафќат, ѓамхору мењрубон бошанд, табиатан бачањоро дўст доранд, шахсияти онњоро эътироф кунанд, тахайюлоти бой дошта бошанд, яъне, мутахассиси њаматарафа ташаккулёфта ва варзида мањсуб ёбанд. Нарзигул НИЁЗОВА, муаллимаи мактаби №27-и шањри Душанбе, Зикрулло КАРИМОВ, муаллими калони ДЉТИБКСМ


ОМОДАГЇ

№19 10-уми майи соли 2013

4АТТЕСТАТСИЯ Аттестатсия давраи муњиму љиддие барои омўзгорон ва хонандагон буда, пешравию тозакории ояндаи љомеа ба он вобастагї дорад. Дар ин раванд ба мењнати яксолаи омўзгорону хонандагон аз як ќатор фанњои таълимї ва дар њолати дигар ба мењнати панљсолаи хонандагон бањо дода мешавад. Таљрибањо нишон медињанд, ки аксари омўзгорони соњибтаљриба ба аттестатсияи давлатї аз оѓози соли хониш омодагї мегиранд. Онњо роњу усулњои замонавии таълимро истифода бурда, бо шогирдон аз ибтидо вобаста ба барномањои таълимї кор мебаранд. Дар бисёр њолатњо фаъолияти омўзгорон самараи дилхоњ медињад. Анљоми хуби аттестатсия њам барои омўзгор ва њам барои хонандаву волидайн хело муњим аст. Зеро заминаи боэътимоди гирифтани дониш барои њар толибилм дар мактаб оѓоз ёфта, дар анљоми соли тањсил бо супоридани аттестатсия мањсули мењнати онњо бањогузорї карда мешавад. Дар мактаби мо пас аз анљоми аттестатсияи давлатии гузариш ва хатм раванди умумии корњои ба сомон расонидашуда баррасї гардида, ба вараќањои бањодињии омўзгорон оид ба натиљаи фаъолияти онњо дар давраи аттестатсия бањогузорї мешавад. Ин тадбир барои фаъолияти захиравии кадрњои баландихтисос ва тахассусии мактаб зарур буда, аз тарафи дигар, дар байни омўзгорон раќобатро барои талошу пешравињо (конкуренсия) ба вуљуд меорад. Дар маљмўъ, ин шакли кор ба раванди таълим ва тарбия таъсири мусбат мерасонад. Омодагї ба аттестатсияи давлатї дар њамаи мактабњо ба таври расмї ва дар асоси ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон аз оѓози чоряки чорум амалї мешавад. Дар ќисмати муќаррароти умумии Дастурамал омадааст: "Дастурамали аз аттестатсияи давлатї гузаронидани хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон дар асоси Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањия гардидааст". Дастурамали мазкур танзимдињандаи тартиби гузаронидани аттестатсияи давлатии хатм ва аз синф ба синфгузаронї дар тамоми муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, њуљљати рањнамоест дар ин љода. Фикр мекунам, омодашавї дар давраи аттестатсия вобаста ба шароит ва теъдоди хонандагон аз рўйи наќшаи чорабинињо дар њар мактаб њар гуна сурат мегирад. Аммо маќсад дар њамаи мактабњо, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликият, натиљагирї аз дониш, мањорат ва малакаи хонандагон дар давоми соли хониш ба њисоб меравад. Барои амалї шудани ин њадафи дар муассисањои тањсилоти умумї тамоми омўзгорони мактаб сафарбар карда мешаванд. Наќши директори мактаб, ва муовинони ў барои бомуваффаќият анљом додани аттестатсия хеле калон аст. Директори мактабро зарур аст, ки дар асоси фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон, фармои-

ши сардори раёсати маорифи вилоят (шањр), мудири шуъбаи маорифи ноњия фармоиши худро тањия ва наќшаи чорабинињои муассисаи таълимиро дар бораи омодасозї ва баргузории аттестатсияи давлатии гузариш ва хатм тартиб дињад. Агар дар наќшаи чорабинии мазкур вазифањои мушаххаси муовинони директор, роњбарони иттињодияњои методии дохилимактабї, роњбарони синфњо ва омўзгорони фаннї, кормандони техникии мактаб пешакї муайяну тарњрезї карда шаванд, ба фоидаи кор мебуд. Хуб мешуд, наќшаи чорабинињои мактаб дарњол баъди интишори фармоиши директори мактаб ба табъ расонида. дар он њама мушкилињо, омўзишњо, суњбатњои инфиродї, омодасозї ва дастрас намудани маводи аттестатсионї, омодасозии синфхонањои дарсњои иловагї ва аттестатсионї, гузаронидани маљлисњои падару модарон оид ба аттестатсия, таъсиси гўшаи "Аттестатсия санљиши давлатист, ба он тайёрии пухта бояд дид", гўшаи "Љадвали дарсњои иловагї", омўзиши "Дастурамали аз аттестатсияи давлатї гузаронидани хонандагон", гўшаи "Натиљањои аттестатсия" ва дигар масоили зарурии рўзмарраи вобаста ба мактабу маориф љой дода шуда, вобаста ба фанњои таълимї дар иттињодияњои методї, дар маљлисњо, љамъомадњо, семинарњо, мизњои мудаввар, суњбатњои пешаздарсї, мањфилњои фаннї ва ѓайрањо мавриди омўзиш ќарор дода шавад. Албатта, дар ин робита масоил ва мушкилињо зиёданд. Дар поён чанд намунаи масъалањоеро пешкаш менамоем, ки дар рафти аттестатсия омўзгорони мо бо он рў ба рў меоянд: меъёри ваќт барои аттестатсия дар синфњои хатмкунанда, тарњи вараќањои аттестатсионї, навиштани таќриз ба бањоњои 5/5 -аъло, аъло; бањои 2/2- бад, бад; навиштани таќриз ба бањои 5- аъло; навиштани таќриз ба бањои 2бад; меъёри бањо ба дониш; малака ва мањорати хонандагон аз фанњои забон ва адабиёти тољик дар ваќти аттестатсияи шифоњї ва хаттї; бањо додан ба диктанти санљишї ва наќли хаттї; бањо ба мазмуни иншо; бањо ба саводнокии иншо ва ѓайрањо. Дуруст ва бехато навиштани протоколњои аттестатсияи давлатї набояд аз мадди назари омўзгорон дур монад. Протоко-

лњое, ки дар аттестатсияи имсола истифода мешаванд, инњоянд: протоколи аттестатсияи давлатии хаттї барои хатми мактаби тањсилоти асосї ва умумї, протоколи аттестатсияи давлатии шифоњї барои хатми мактаби тањсилоти асосї ва миёнаи умумї, протоколи аттестатсияи давлатии хаттї барои аз синф ба синфгузаронї, протоколи атес-

раи тайёрї ба аттестатсияи давлатї, таъсири мусбї хоњад дод. Дар љамъомадњои падару модарон масъалањои омодагии хонандагон ба аттестатсия, давомот дар давраи машѓулиятњои иловагї ва аттестатсия, љалби хонандагон ба синфи 10 (махсусан, духтарон), идомаи тањсил дар макотиби олї ва омўзишгоњњо (барои хонандагони син-

татсияи давлатии шифоњї барои аз синф ба синфгузаронї, протоколи аттестатсияи давлатии тестї барои хатми мактаби тањсилоти асосї ва миёна, протоколи атестатсияи давлатии тестї барои аз синф ба синфгузаронї.

фњои 9 ва 11) ва натиљањои аттестатсия баррасї карда мешаванд. Чунон, ки ёдрас намудем, чоряки чорум давраи пурмањсули тањсили хонандагон ва фаъолияти омўзгорон њисоб меёбад. Омодагии "Гўшаи аттестатсионї" яке аз пањлўњои асосии давраи аттестатсия ба њисоб меравад. амалишавии аттестатсия дар мактабњо аз дуруст омода намудан ва риояи банду басти он аз раванди бехато амалишавии аттестатсия вобастагии зиёд дорад. Айни муддаост, ки аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва Маркази љумњуриявии таълимию методї, дастури методии "Аттестатсия дар мактаб" ба чоп расида, ба омўзгорони мактабњо дастрас гардидааст. Ин дастури методї воќеан њам, роњнамои хубест дар давраи аттестатсияи давлатии хатм ва гузариш. Њангоми омода намудани "Гўшаи аттестатсионї" аз бандњои зерини дастури методии мазкур истифода бурдан аз манфиат холї нест: 1.Нусхаи фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 6.03.2013 № 559 "Оид ба анљоми соли хониши 2012-2013, аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатм дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон". 2.Нусхаи фармоиши сардори раёсати маорифи вилоят (шањр). 3.Нусхаи фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноњия. 4.Нусхаи фармоиши директори мактаб. 5.Дастурамали аз аттестатсияи давлатї гузаронидани хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон. 6.Наќшаи гузаронидани машваратњо (консултатсияњо) ва љадвали дарсњои иловагї. 7.Наќшаи тасдиќшуда оид ба гузаронидани аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатм. 8.Муњлати гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронї ва хатм. 9.Намунаи корњои хаттї, саволномањо, наќли хаттї, иншо, диктант, корњои санљишї аз математика, саволномањои намунавї аз фанњои аттестатсияшавандаи шифоњї. 10.Вазифаи муаллими аттестатсиягиранда. 11.Вазифаи ёварон (ассистентњо) 12.Наќшаи аттестатсияи тирамоњї. 13.Шоњбайтњо оид ба дониш, малака ва мањорат. 14.Намунаи навиштани таќ-

Дар давоми омодагињо ба аттестатсия, омўзгорон, хонандагон ва падару модаронро зарур аст дар якљоягї ба масъалањои "Оид ба аттестатсияи аз синф ба синфгузаронї ва хатм", "Бо сабабњои беморї аз аттестатсия озод кардани хонандагон", "Супоришњои таълими тобистона, санљиш ва аттестатсияњо", "Оид ба тариќи тестї гузаронидани аттестатсия" диќќати бештар дињанд. Њамкорињо бо падару модарон дар давоми сол яке аз равандњои асосии таълиму тарбия ба њисоб рафта, дар давраи омодогињо ба аттестатсия то анљомбёии он бояд масъулияти волидайн зиёдтар бошад. Барои њалли дурусти ин масъала дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 10-и ноњияи Ёвон наќшаи чорабинињо тарњрезї шуда, маъмурият ва омўзгорони мактаб аз рўйи он кор мебаранд. Дар мактаб дар нимаи якуми моњи апрел дар синфњои 4-11 аз фанњои забони тољикї, риёзї, забони русї, забони англисї, химия ва физика корњои санљишии хонагї гузаронида мешаванд. Баъди анљоми корњо, омўзгорони фаннї онњоро санљида, бањо мегузоранд ва бо воситаи хонандагон ба падару модарон ирсол медоранд. Падару модарон баъди шиносої бо кор ва бањои фарзандон дар ќисмати охири кори санљишї имзо гузошта, дар вараќањо фикру мулоњизоти худро пешкаш менамоянд. Корњои хаттї ба мактаб баргардонида шуда, натиљаи он дар маљлиси падару модарон баррасї мегардад. Ин тарзи кор, аз як тараф, робитаи падару модаронро ба мактаб ќавитар намуда, аз дигар тараф, масъулияти хонанда, омўзгор ва волидайнро зиёда мегардонад. Бешубња, ин шакли кор ба раванди тайёрии хонандагон дар дав-

риз ба бањои "5" ва "2". 15.Намунаи протоколњои аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатм. Соли љорї дар раванди аттестатсияи давлатии хатм ва гузариш дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї усули аттестатсияи тестї љорї карда шудааст, ки ин, аз як тараф навгонї буда, аз тарафи дигар, иќдоми хубест дар инкишофи идрок, дониш ва љањонбинии хонандагон. Дар бисёр кишварњои љањон дар соњаи маориф усули санљиши тестї ба роњ монда шудааст. Дар ин љода, кишварњои мутараќќї таљрибаи калони корї доранд. Дар љумњурии мо низ ин усул якчанд сол боз дар ваќти дохилшавии довталабон ба донишкадањои олии кишвар истифода шуда истодаст. Хушбахтона, имсол дар мактабњо шакли аттестатсияи тестї љорї карда шудааст, ки он барои хонандагоне, ки айни њол дар синфњои дањум тањсил менамоянд, барои соли оянда тањкурсї ва таљриба мешавад. Барои хатмкунандагони мактабњо, аттестатсияи тестї санљиши љиддї ва як навъ тайёрии муњимест барои дохилшавї ба донишкадањои олї. Аз ин лињоз, масъулини мактабњо, омўзгорон ва хонандагон вазифадоранд, ки ба ин масъала диќќати љиддї дињанд. Маќсад аз гузаронидани аттестатсияи давлатии тестї, аз синф ба синфгузаронї ва хатм, љустуљўи роњњои бењтари усулњои таълим, муайян намудани дараљаи дониши хонандагон, баланд бардоштани масъулияти омўзгорон ва худомўзии онњо ва аз њама муњим, ба фазои ягонаи тањсилот воридшавї аст. Ин раван�� ба ташаккули љањонбинии илмии хонандагон ва омодагии онњо барои идомаи тањсил дар муассисањои олии касбї мусоидат менамояд. Барои амалї шудани аттестатсияи тестї маъмурияти мактабњо ва омўзгорони фанниро зарур аст, бо шогирдон машѓулиятњои иловагї ташкил намуда, оид ба шакл, мазмун ва тарзи дурусти корбарї бо тест, корњои фањмонидадињї гузаронанд. Саволњои тестї, мувофиќи муќаррароти дастурамал рўзи аттестатсия аз тарафи коммисияи аттестатсионї ба хонандагон таќсим карда мешаванд. Омўзгорон ва хонандагон дар ваќти супоридани аттестатсияњои тестї бояд донанд, ки барои як савол аз фанњои гуманитарї аз 1,5 то 2 даќиќа, барои фанњои табиї-риёзї аз 3 то 5 даќиќа ваќт људо карда мешавад. Пас аз анљоми санљиш, комиссияи аттестатсионї натиљаи санљишро бо протокол ба расмият дароварда, як рўз пас онро ба хонандагон шинос менамояд. Барои сарбаландона гузаштан аз аттестатсияи давлатии гузариш ва хатм моро зарур аст, ки њамаљониба њуљљатњои меъёрїю њуќуќї, аз љумла "Дастурамали аз аттестатсияи давлатї гузаронидани хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон"-ро хуб аз худ намуда, бо шогирдон аз ваќти бароямон људошуда самаранок истифода намоем. Дар ин љода ба њамаи омўзгорон ва њамкасбони азиз барору комёбињо орзу намуда, хоњони онем, ки шогирдони мо аттестатсияњои давлатиро бо нишондињандањои хубу аъло супорида, Рўзи Вањдати миллиро бо сари баланд истиќбол гиранд. Сафаралї СОБИРОВ, директори мактаби раќами 10, ноњияи Ёвон


РАВЗАНА

№19 10-уми майи соли 2013

4АНДЕША

НАБЗИ САЙЁРА РИОЯИ ТАНЗИМ МЎЉИБИ

САОДАТИ РЎЗГОР АСТ

…То расму ойин ва маросимњои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва харољоти бењудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба ќабулу татбиќи барномањои давлатї ва сарфи маблаѓњои зиёд дар масъалаи паст кардани сатњи камбизоатии ањолї ба натиљањои дилхоњу назаррас ноил шуда наметавонем Эмомалї Рањмон

Боре дар суњбати сарироњие бо як нафар шањрванди эронии муќими пойтахт аз хусуси сарфаю сариштакорї ва вобаста ба ин, дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо сухан рафт. Вай изњор дошт, ки аслан ин масъаларо бояд худи халќ њал намояд, на ин ки роњбари давлат амру фармоне ба тасвиб расонад. Вай барои исботи андешааш аз расму оин ва анъанаи халќи худу дигар мамолики њамсоя мисолњои фаровон овард. Иброз намуд, ки бояд њар фарди љомеа барои баланд бардоштани маънавияти худ ва рафъ кардани сатњи камбизоатии оилааш кўшиш намояд. Дарвоќеъ, масъалаи ба миён омадани Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон" њам ба њамин маќсад равона гардидааст. Мутаассифона, ќисме аз шањрвандонамон дидаю дониста, пулу сарвати худро бемаќсад сарф мекунанд. Ин буд, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон" (8 июни соли 2007) ба тасвиб расид. Пеш аз ба тасвиб расидани ќонуни мазкур тўли се моњ лоињаи ќонуни мазкур ба муњокимаи шањрвандони мамлакат гузошта шуда буд. Мутаассифона, пас аз ќабул шудани ќонун иддае аз шањрвандон афкори нодурустеро њам баён намуданд. Гўё чунин иќдом нодуруст буда, он пеши роњи хайру сахоро мебандад. Баръакс, дар њељ љойи он ба ин масъала њатто ишорае њам нест, балки таъкид бар он аст, то мардум дороии худро ба дори фано напартофта, онро ба таври маќсаднок истифода баранд. Ба љойи он, ки маблаѓњо бемаќсад истифода бурда шаванд, хуб нест, ки он ба хонаи ятимону барљомондагон, парваришгоњњо ва оилањои камбизоат супорида шаванд? Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз 24 майи соли 2007 дар вохўрї бо ањли љамоатчигии кишвар доир ба масъалаи мазкур мурољиат карда буданд: "Воќеан, ќисме аз мардуми мо ба сабаби зоњирпарастии беасос ва дар иљрои маросимњо ва маъракаороињо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалњое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад". Танзим баракати зиндагист. Умуман, дар њар кор масъулият ва дурандешї касро ба маќсад мерасонад. Назму тартиб хеле муњим аст ва зиндагиро ба маљрои даркорї мерасонад. Бо вуљуди њамин, њоло низ њодисањои вайрон кардани бандњои ќонуни мазкур ба чашм мерасад. Тибќи мушоњидањо, ќисме аз шањрвандонамон, ки маърака меороянд, бештар банди 14 - уми ќонунро риоя намекунанд, яъне онњо маъракањояшонро дар рўзњои корї баргузор менамоянд, ки ба маќсад мувофиќ нест. Тибќи ќонун гузарондани маъракањо се соат муайян гардидааст, аммо

баъзењо онро кашол медињанд ё рўзи дигар низ маърака меороянд. Бино ба маълумотњои оморї дар соли 2012 227 маводи њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуда, ба маќомоти судї ирсол гардидааст. Маблаѓи ситондашуда аз чунин ќонунвайронкунандагон 592 њазору 875 сомониро ташкил додааст. Аз ин 123 мавод ба вилояти Хатлон, 36 - то ба вилояти Суѓд, 29 - то ба шањри Душанбе, 2 - то ба ВМКБ рост меояд. Њамчунин, дар ќонун омадааст, ки маъракањои чойгаштак, ќудоталбон ва зодрўз дар њалќаи ањли оила баргузор гарданд, аммо баъзан бо даъвати мењмонони зиёд ва дар тарабхонањои бошукўњ барпо мешаванд. Дар ин гуна њолатњо табиист, ки харољоти зиёде карда мешавад, ки аслан зарурат надоранд. Ба аќидаи Абдуљалол Ализода мудири бахш оид ба корњои дин ва танзими ноњияи Сино, њамзамон устоди Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абўњанифа хуб мешуд, шахсони тавоно ва ќудратманд ба таљлили чунин мањфилу маъракањо саргарм нашуда, дороии худашонро ба шахсони ятиму бепарастор сарф намоянд. Дасти фитодаеро гирифтану ба ў ѓамхорї зоњир кардан аз љумлаи бењтарин сифатњои њар як мусулмон аст. Баланд бардоштани маънавиёт ва огоњ гардидан аз њодисањои дунё низ барои њар як илмљў бисёр муњим аст. Барои ашёњои зарурии таълим ва рўзгор сарф кардани маблаѓ кори оќилона аст, ки њар кас бояд ба ин масъала таваљљуњи доимї дошта бошад. Сардори Раёсати танзими анъана ва љашну маросимњои Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Азизулло Мирзоев таъкид менамояд, ки сухани нахустини Оллоњ (љ.) ба Паёмбар Муњаммад (с) тарѓиби хондан ва омўхтан аст. Табиист, ки барои омўзиш ранљ кашидан даркор аст ва бањри ин маблаѓ низ зарур. Бинобар он, маблаѓи њангуфтеро дар зарфи чанд соат ба бод партофтан даркор несту барои соњибмаълумот гардондани фарзандон истифода бояд бурд. Дарвоќеъ (бигузор ба иззати нафси касе нарасад), имрўзњо мушоњида менамоем, ки дар манзили баъзењо аз китоби бадеї ному нишоне нест. Муњайё кардани лавозимоти хониш барои фарзандон кори аз њама муњими волидон аст. Агар мо маблаѓњои барзиёди доштаамонро барои чунин корњо сарф кунем, хуб нест магар? Таассуб дар мо чунон боло рафтааст, ки ба таќ-

лидкорї мепардозем ва дорову нодор њама худро дар як поя гузоштанї мешаванд. Њамин аст, ки дар оянда ќарздор шуда, ба ќавле минбаъд чанд соли дигар "нони ќоќ" мехўранд. Мувофиќи иттилои Абдурањим Холиќов - Раиси Кумита оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар давраи амали ќонуни мазкур 8 млрд. сомонї ба манфиати мардум сарфа шуда, беш аз 600 њазор сар чорвои хурд ва калон забњ гардид. Аз ин мебарояд, ки мардум афзалияти чунин ќонунро эњсос кардаанд ва минбаъд низ дар њаёти оилавии худашон мавриди истифода ќарор медињанд. Ба аќидаи ў агар фањмондадињї маќсаднок бошад, мардум донанд, ки ин кор танњо ба фоидаи онњост, чаро ба ќонуни танзим риоя накунанд? Фаќат минбаъд роњњои амалї намудани ќонунро бояд андеша кард, то ањолї аз маќсад огоњ бошанд. Зан - модар, фариштаи рўйи замин аст, - гуфтаанд донишмандон. Он поку беолоиш ва басо бузургу мењрубон аст. Ба ин офаридаи Худованд касе шак оварда наметавонад. Дар баробари ин, мутаассифона, аксар ваќт сабаби ба исрофкорї даст задани онњо дигаронро мушавваш мегардонад. Њангоми тўй ва таљлили дигар мањфилњо онњо бештар ба исрофкорї роњ медињанд, ки чандон кори оќилона нест. Хуб мешуд, ки дар баробари мењмоннавозиву мењрубон буданашон боз сарфакор њам бошанд, зеро дар маќоли халќї омадааст: "Сарфаи сари оташдон - савдогари Њиндустон". Фикр мекунам, дар тўйњоямон даъват шудани њофизони њазордоллараву (ё аз ин њам бештар) чандон зарурат надорад. Ба аќидаи Саидмукаррам Абдуќодирзода - раиси Шўрои уламои Љумњурии Тољикистон риоя намудани њар банди Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон" њатмист, зеро њељ кадом як нишондоди он мухолифи дини Ислом ва фармудањои Худованд набуда, балки як навъ дастурест, моро аз сарфи бењуда пешгирї менамояд. Чунин зуњуроти номатлуб њамеша мўљиби паст рафтани масоили иќтисодии њар оила аст. Фаќат аќли солим даркор, ки нуктањои онро аз сари нав биомўзем ва фикри ѓолибро дастгирї намуда, дар рўзгорамон истифода барем. Воќеан њам, ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон низ садо дод.Чизи дигар боиси афсўс аст, ки мо аксаран, љойи сарфи дороиямонро намедонем ё агар донем њам, ба хотири худнамоиамон маблаѓњои зиёдамонро бењуда сарф менамоем. Ин амали моро њанўз дар асри худ Абулмаонї Абдулќодири Бедил инкор намуда буд: Зиндагї дар зери бори расму оин мурдан аст, Даст дасти туст, бишкан ин тилисми нангро. Дар ваќташ њама гуна расму оин, анъана ва одатро аз гузаштагон омўхтем ва акнун ваќти он расидааст, ки сараро аз но��ара људо намоем. Ба ќавле амалеро имрўз ба сомон расонда, фардо аз карда пушаймон нашавем. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

МАОШИ МУАЛЛИМОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Россия, маоши миёнаи якмоњаи муаллимони мактабњои ин кишвар дар семоњаи аввали соли 2013 26 њазор ва мураббиёни кўдакистонњои ин кишвар - 20,5 њазор рубли русиро ташкил кардааст. Аз маълумоти мазкур бармеояд, ки маоши аз њама баланди муаллимон дар минтаќаи худмухтори Ямало-Ненетск зиёда аз 69 њазор рубли русї будааст. Музди мењнати аќќал дар љумњурињои Ќалмиќистон, Карачаево-Черкесск ва кишвари Олтой наздик ба 15 њазор рубл ба ќайд гирифта шудааст. Њаќќи мењнати аз њама хуб байни муррабиёни кўдакистонњо дар Москва ба ќайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 41 њазор рубли русист, аз њама пасташ дар Љумњурии Карачаево-Черкеск камтар аз 7 њазор рубл мебошад. Хотиррасон мекунем, ки 1 њазор рубли русї баробар ба 156 сомонист.

ИМА ЊАМАИ ДОНИШЉЎЊОИ ОМАДАРО ТАФТИШ ХОЊАД КАРД

Бино ба иттилои хабаргузории "Би-Би-Си", њукумати ИМА донишљўёни хориљиро, ки раводиди мамлакатро гирифтаанд, зери тафтиши љиддї ќарор хоњад дод. Ин яке аз иќдоми аввалини кишвар пас аз таркиш дар ваќти марафони Бостон аст. Вазорати бехатарии дохилии ИМА хадамоти гумруки кишварашро муваззаф кардааст, ки њамаи раводиди донишљўён бидуни истисно санљида шаванд. Чанде пеш аз ин воќеањо рўзноманигорон ин вазоратро барои беањамиятї нисбат ба раводиди донишљўёни ќазоќистонї, ки моњи январ ба Амрико омада будаанд, гунањгор кардаанд. Бино ба иттилои хабаргузорињои ин кишвар, донишљўёни 19-солаи Ќазоќистон Диас Кадирбаев ва Азамат Таљаяков барои забоняккунї дар монеа шудан ба адолати судї мутта-

њам шудаанд. Аз рўйи маълумоти пешакии тафтишот ин ду нафар гўё далелњои шайъиро дар бораи Љоњар Тсарнаев, ки барои таркиш дар Бостон муттањам шудааст, пинњон доштаанд. Боздоштшудагон иќрор шудаанд, ки дар нест кардани д а л е л њ о кўшиш кардаанд. Баъдан онњо дар партовгоње аз љониби кормандони хадамоти махсус ёфт шуданд. Дар иттилои Вазорати корњои хориљии Ќазоќистон гуфта мешавад, ки ба донишљўёни боздоштшуда барои нест кардани далелњои шайъї ба иттињоми љиної бархўрд шудаанд. Боздоштшудагон ба мањбаси федеролї нигоњ шуда, мурофиаи судї аз рўйи ин ќазия ба 14 май гузошта шудааст. Назарова СИТОРАБОНУ, "Омўзгор"

4ИТТИЛОЪ

ОЗОДИИ МАТБУОТИ КИШВАР АЗ НИГОЊИ РЎЗНОМАНГОРОН

Рўзноманигорон ва њуќуќшиносони Тољикистон зимни њамоише, ки бахшида ба Рўзи байналмилалии озодии матбуот баргузор гашт, масъалаи њазф кардан аз Кодекси љиної банди марбут ба тањќири Президенти кишварро (137) баррасї карданд. Њамчунин, онњо хостаанд, то банди 330-и ќонуни љиноии Тољикистон ба ќонуни шањрвандї кўчонда шавад. Конфронси љумњуриявии мазкур бо ташаббуси Шўрои ВАО, дастгирии дигар ташкилоти журналистони ватанї ва Дафтари САЊА дар Тољикистон 3-юми майи соли љорї дар бинои Кохи Вањдат баргузор гашт. Зимни нишасти мазкур њуќуќшинос Љунайд Ибодов дар мавриди њазфи моддаи марбут ба тањќир изњор дошта, ки дар аввал, ваќте моддањои 135 ва 136 аз Кодекси љиноии ЉТ ба шањрвандї кўчонида шуданд, мардум пеш аз мўњлат хурсандї карданд. "Лекин онњо ањамият надоданд, ки дар Кодекси љиної њамоно моддаи 330 мањфуз нигоњ дошта шудааст. Ин модда маънои онро дорад, ки њар шањрванди ќаторї дар баробари тањќир шунидан њуќуќи ба љавобгарии љиної кашидани мансабдоронро надошта, аммо амалдорон њуќуќ доранд, то дар ин гуна њолатњо нисбат ба шањрвандони оддї шикоят баранд. Ин нобаробарї ва беадолатї дар шакли бенињоят тезутунд мебошад. Зеро Ќонуни асосї кафолат додааст, ки њама дар назди ќонунгузорї ва додгоњ баробар њастанд. Аз ин лињоз, ин масъала бояд дар наздиктарин фурсат баррасї шавад. Вакилони парлумон метавонанд дар ин маврид ташаббус нишон бидињанд ва пешнињоди коршиносонро мавриди баррасї ќарор дињанд", - изњор дошт њуќуќшинос. Зимни муњокимаи Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" иштирокдорон изњор доштанд, ки банди сеюми моддаи 29 журналист вазифадор мекунад, то пеш аз интишори мусоњиба бо сарчашма онро мувофиќат кунад. Бояд зикр кард, ки ин ќисмат мазмуни сонсурро дорад. Њуќуќшинос Љ. Ибодов дар њамин маврид ибрози аќидаи дигар кард: "Гарчанде мушкил асту рўзноманигоронро ин тарзи кор начандон писанд меояд, бояд ин банд њазф нашавад, чунки ин тарзи кор метавонад аз мурофиањои судии эњтимолї дар оянда эмин нигањ дорад". Назарова С., Омўзгор


№19 10-уми майи соли 2013

4ДАСТУР Њукумати Љумњурии Тољикистон пайваста оид ба њифзи ањолї аз њолатњои фавќулодда ѓамхорї зоњир менамояд. Яке аз омилњои муњими рушди љомеаи шањрвандї ва пойдории давлати демократї њимояи њамаљонибаи шањрвандон мањсуб меёбад. Зеро таъмини бехатарї, фароњам овардани шароити муфид бањри кору фаъолияти пурсамари шањрвандон ва соњиби донишу маърифати баланд гардидани онњо метавонад пояи давлатдориро мустањкам ва рушди њама соњањоро таъмин созад.

ТАЉРИБА рафъи њолатњои фавќулодда гурўњњои зерин таъсис дода шаванд: 2.1. Гурўњи эвакуатсионї: Сардори гурўњ ва њайати шахсї. 2.2. Роњбари гурўњи эвакуатсионї наќшаи эвакуатсионии мактабро коркард намуда, бо комиссияи эвакуатсионї ва Ситоди ЊФ ва МГ-и шањр, ноњия, мувофиќат ва барои тасдиќ пешнињод намояд. Бо маќсади омўхтани мањали ањолинишин, ки барои љобаљокунии њайати шахсии мактаб ва

ЊИМОЯИ ШАЊРВАНДОН АЗ ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДДА Дар ин самт Њукумати Љумњурии Тољикистон бо назардошти ниёзи љомеа лоињањоро аз љињати молиявї бо дастгирии ташкилотњои хориљї мисли UNICEF, USAID ва GIZ ба роњ мондааст. Махсусан, дар рушди самти мудофиаи граждании мактабњои тањсилоти миёнаи умумї бо ЮНИСЕФ ва ЮСАИД Тафоњумнома ба имзо расонида шуда, аллакай якчанд дастури таълимї оид ба њолатњои фавќулодда (ЊФ) тањия гардидааст. Байни Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Хазинаи Кўдакони Созмони Милали Муттањид аз 7-уми августи соли 2010 оид ба омўзишиу тайёр намудани муассисањои таълимї ба њолатњои фавќулодда Тафоњумнома ба имзо расидааст. Бо маќсади амалї намудани ин тафоњумнома фармони Раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4уми апрели 2013 тањти раќами 50 оид ба гузаронидани машѓулиятњои таълимї ва машќи "Рўзи мудофиаи гражданї" дар мактабњои пилотї ба тасвиб расид. Мувофиќи ин фармон аз 18 апрел то 25-уми майи соли 2013 дар 20 мактаби пилотии тањсилоти миёнаи умумии минтаќаи Кулоб, ноњияњои Рашт ва Айнї машѓулиятњои таълимї ва машќи мудофиаи гражданї баргузор гашта истодааст. "Дастури таълимї барои муаллимон оид ба коњиши тањдиди хатари офатњо" ва "Дастур оид ба тайёр намудани мактаб ба њолатњои фавќулодда" барои мактабњои тањсилоти миёнаи умумї маводи хуби таълимї ба њисоб рафта, дар баргузории машѓулиятњои таълимї ва машќи "Рўзи мудофиаи гражданї" истифода бурда мешаванд. Дастурњои мазкур айни замон дар мактабњои пилотї мавриди озмоиш ќарор доранд, ки ба самаранок гузаронидани рўзњои мудофиаи гражданї дар муассисањои таълимї кўмаки методї расонида, ба рушди њисси худњимоякунии хонандагон мусоидат менамоянд. Гарчанде њамасола моњњои апрел, май дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї "Рўзи мудофиаи гражданї" баргузор гардад њам, маводи таълимию дастурдињї ба пуррагї намерасид. Ин љо роњбарони муассисањои таълимї метавонанд барои пурмазмуну љолиб баргузор намудани ин чорабинии ватандўстона аз чунин дастурњо истифода баранд. Барои гузаронидани "Рўзи

мудофиаи гражданї" роњбари муассисаи таълимї, пеш аз њама, фармоиш оид ба ташкил намудани Ситоди ЊФ, омузишї њайати шахсии мактаб ва хонандагон оид ба ЊФ ва ташкили нерўњои ѓайрињарбиро дар мактаб ба имзо расонад. Мувофики фармоиши директори мактаб барои гузаронидани рўзи "Мудофиаи гражданї" гурўњњои иктишофї (разведка), наљотдињї, оташнишонї, њифзи тартиботи љамъиятї, тиббї ва нуќтаи санитарї, алоќа, мушо-

њидаи радиатсионї-кимиёвї, хизматрасонии иншооти муњофизатї ташкил гардида, вазифањои њар як гурўњ муайян карда мешаванд. Намунаи фармоишро пешкаши роњбарони муассисањои таълимї гардонида, интизорем, ки фикру мулоњизањои худро рољеъ ба он иброз менамоед. ФАРМОИШ №___аз"__"_____20__ сол мактаби ____ Оид ба баргузор намудани Рўзи мудофиаи гражданї, ташкил намудани Ситоди ЊФ, омўзишї њайати шахсии мактаб ва хонандагон оид ба ЊФ ва ташкили нерўњои ѓайринизомї дар мактаб Дар асоси ќонунњои Љумњурии Тољикистон "Дар бораи мудофиаи гражданї", "Дар бораи њифзи ањолї ва њудуд аз њолатњои фавќулоддаи дорои хусусияти табиї ва техногенї", Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Ќоидањои тайёрии ањолї ба њолатњои фавќулоддаи дорои хусусияти табиї ва техногенидошта" ва бо маќсади њифзи хонандагон, њайати шахсии мактаб, ањли оилаи онњо аз њолатњои фавќулоддаи хусусияти табиидошта: ФАРМОН МЕДИЊАМ: 1. Рўзи мудофиаи гражданї дар мактаб гузаронида шавад. 2. Ситоди ЊФ дар мактаб ташкил карда шавад. 2.1. Сардори Ситоди ЊФ-и мактаб мудири ќисми илмї ё роњбари њарбї таъин карда шавад. 2.2. Њайати шахсии Ситоди ЊФ-и мактаб аз њисоби муаллимони ботаљриба ва болаёќат таъсис дода шавад. 2. Барои ташкил ва гузаронидани чорабинињои пеш��ирї ва

ањли оилаи онњо дар холатњои фавќулодда пешбинї шудааст, иктишоф гузаронида шавад. 2.3. Барои ташкили иљрои чорабинињои устуворгардонии фаъолияти мактаб ва таъминоти моддї-техникї гурўњи устуворгардонии фаъолияти мактаб ва таъминоти моддї-техникї дар њайати зерин таъсис дода шавад: Роњбари гурўњ ____________ Аъзоёни гурўњ ___________ 2.4. Роњбари гурўњи устуворгардонї ва таъминот наќшаи кори мактабро оид ба устуворгардонии фаъолияти мактаб ва таъминоти моддї- техникиро коркард намуда, бо комиссияи устуворгардонии Ситоди ЊФ ва МГ-и шањр, ноњия мувофиќат ва барои тасдиќ пешнињод намояд. Њамчунин, нисбат ба устувории таъминоти барќ, об, газ дар њолатњои фавќулодда ва инчунин, захираи воситањои зарурї чорањо бо маќомоти салоњиятдор андешад. 3. Бо маќсади пешгирї ва рафъи њолатњои фавќулодда аз њисоби њайати омўзгорон ва хонандагони ќобилиятноки синфњои 1011 нерўњои ѓайринизомии иктишофї (разведка), наљотдињї, оташнишонї, њифзи тартиботи љамъиятї, тиббї ва нуќтаи санитарї, алоќа, мушоњидаи радиатсионї-кимиёвї ва гурўњи хизматрасонии иншооти муњофизатї дар њайати сардори гурўњ ва њайати шахсї таъсис дода мешаванд. 4. Сардори Ситоди ЊФ-и мактаб наќшаи пешгирї ва рафъи њолатњои фавќулоддаи мактабро тањия намуда, бо Ситоди ЊФ ва МГ ва шуъбаи маорифи шањру ноњия мувофиќат ва барои тасдиќ пешнињод намояд. 5. Омўзиши њайати доимї ва хонандагони мактаб доир ба пешгирї ва рафъи њолатњои фавќулодда дар асоси барномањои тасдиќнамудаи Кумитаи ЊФ ва МГ-и назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пурра амалї карда шавад. 6. Назорати иљроиши фармоиши мазкурро ба зиммаи худ мегирам. 7. Фармон ба њайати шахсии мактаб расонида шавад. Директори мактаб:_________ Ќурбоналї ЗИЁЕВ, ходими пешбари илмии Пажўњишгоњи рушди маорифи АТТ, Шамсиддин АБДУЛЛОЕВ, полковник, сардори раёсати тайёрї, омўзиши ањолї ва бањисобгирии нерўњои ѓайрињарбии Сарситоди Кумитаи ЊФ ва МГ-и назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

"ОН ЉАНГРО ДАР ТАЪРИХ ЊАМТО НАБУД" 4ТАРБИЯ

(ДАРСИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА ИДИ ЃАЛАБА) Мусиќии рўзњои аввали љанг садо медињад.

модарони калонсол, шавњарони худро, ки ба майдони љанг рафта буданљ, иваз намуданд. Хонандаи 4. Тирамоњи соли 1941 даромад. Фашистон тамоми ќувваи худро љамъ намуда, ба Москва наздик омаданд. Сокинони Москва- мўйсафедон, занону кўдакон иншооти мудофиавї месохтанд. Муњорибаи назди Москва дар моњи декабри соли 1941 аввалин задухўрди ѓалабаовари лашкари Шўравї дар Љанги Бузурги Ватанї гардид. II. САЊНАЧАИ ХОНАНДАГОН АЗ РЎИ ДОСТОНИ "ЃАЛАБАИ ТАНЯ"-и АБУЛЌОСИМ ЛОЊУТЇ (РЎЗЊОИ ОХИРИНИ ЊАЁТИ ЗОЯ КОСМОДЕМЯНСКАЯ). III. ЌАЊРАМОНИЊО Хонандаи 5. Љанг ќариб ба њар як хонадон асари фољиабори худро гузошт. Мамлакат 27 миллион фарзандони худро аз даст дод. 1710 шањру шањрча, 70 њазор дења хароб гардиданд, 32 њазор корхонаи саноатї, 65 њазор км роњи оњан тарконида шуда буданд. Њар он чизе, ки бо мењнати халќ бунёд шуда буд, нобуд

здик аз хотираи башарият зудуда нахоњад шуд. Имрўзњо тамоми мардуми тољик дар ќатори дигар халќњои собиќ Иттињоди Шўравї ин санаи бузурги таќдирсози башариятро таљлил менамояд. Соати тарбиявии хонандагони синфи 10 "Б" низ ба ин мавзўъ бахшида мешавад. I. ДУРУД Хонандаи 1. Он љанг љањонї буду мудњиш, Бигзошт басе љароњату ѓам. Гитлери фашисти хонумонсўз, Афрохт ливои дарду мотам. Хонандаи 2. Аммо ба иродату матонат, Афроди далеру сулњпарвар. Гитлери лаину лашкарашро, Карданд забуну хору музтар. Хонандаи 3. Имрўз зи кори он далерон, Дар њар ќадам ифтихор дорем. Мо толиби сулњу дўстием, Донед, чунин шиор дорем! Хонандаи 4: Аммо… Субњи 22-юми июни соли 1941 барои мардуми Иттифоќи Шўравї бехосият омад. Дар ин субњ аз соњилњои Балтика то бањри Сиёњ ба сари ањолии осоиштаи ѓарќи хоб аз само дар замин борони тир мерехт ва тухми аљал мекошт. Дар ин субњ Олмони фашистї ва иттифоќчиёни вай бо 190 дивизияи мусаллањ, иборат аз 5,5 миллион нафар афасару аскар бе њељ гуна эълони љанг бо хоки Иттифоќи Шўравї зада даромаданд.Љанги Бузурги Ватанї сар шуд. Хонандаи 6. Сарњадбонон аввалин шуда зарбаи ќушўнњои фашистиро ќабул карданд. Муњофизатгарони сарњад ба њалокам мерасиданд, аммо аќибнишинї намекарданд. Њафтаву моњњои аз њама вазнини љанг идома меёфт. Ба ногањон њуљум овардан ва аз љињати техникї бартарии калон доштани душман нигоњ накарда, сарњадчиён ва дигар ќисмњои лашкари Шўравї дар тамоми хатти љанг аз шимол то ба љануб диловарона мељангиданд. Хонанди 1. Мамлакат дар шароити нињоят вазнин мезист ва мубориза мебурд. Он рўзњо тамоми халќњою миллатњо бо як маќсад бо њам муттањид гашта буданд: њар чї зудтар аз хоки Ватан зада пеш кардани душман. Хонандаи 2. Мардуми аќибгоњ хобу хўрро фаромўш карда, шабу рўз аз заводњо берун намерафтанд. Њар кадом саъй мекард, ки бањри пирўзї дар фронт њар чї бештар танк, самолёт, яроќ ва дигар лавозимоти њарбї тайёр намоянд. Барои ѓалаба тамоми халќ њисса мегузошт. Хонандаи 3. Занону кўдакон ќањрамонона мењнат мекарданд. Онњо дар паси дастгоњњо, дар киштзорњо падару

гардид. Заводу фабрикањо аз кор бароварда шуда, киштзорњои њосилхез поймол гардида, шахтањо бо об пур карда шуданд. Хонандаи 6. Барои намунаи барљастаи диловарї ва ќањрамонї дар майдонњои љанг зиёда аз 7 миллион љанговар бо орденњои љангї мукофотонида шуданд. 11 њазор нафари онњо бо унвони олии Ќањрамони Иттифоќи Советї сарфароз гардиданд. Хонандаи 7. Халќи тољик дар ќатори дигар халќњо ба њимояи Ватан бархост. 260 њазор мубориз аз диёри мо дар њамаи фрнтњо аз худ љасорат, шуљоат, далерию фидокории бемислу монанд нишон доданд. 60 њазор нафари онњо дар љанг шањид шуданд. Хонандаи 8. 54 нафар фиристодагони Тољикистон барои корнамої соњиби унвони Ќањраморни Иттифоќи Советї гаштанд. 15 нафар ба њар се дараљаи ордени Шараф ќадр шуданд. Хотираи неки Неъмат Ќаробоев, Њодї Кенљаев, Исмоил Њамзаалиев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Њайдар Ќосимов, Саидќул Турдиев, Тўйчї Эрйигитов ва дигарон дар дилу ёди халќ боќї мемонанд. IV. СУРУДИ "КАТЮША" ДАР ИЉРОИ ХОНАНДАГОН ВА ЌАДАМЗАНЇ V.ЃАЛАБА Хонандаи 11 Он машъале, ки сўзад, Дар рўи гўри сарбоз. Гўё дињад ба олам, Њар субњу шом овоз: Њама: Иди Зафар муборак! Иди Зафар муборак! (Суруди Рўзи Ѓалаба садо медињад). VI.ОХИРСУХАН Хонандаи 12. - Хонандагони азиз, шумо аз чорабинии имрўза фањмида гирифтед, ки њаёти тинљу осудаи имрўзаи мо ба осонї ба даст наомадааст. Сулњу салоњи имрўза дар кишвар, озодию истиќлоли он бо ќимати љон сад њазор фарзандони Ватан ба даст омадааст. Хонандаи 13. Мо намесозем дањшат бо касе, Сулњро доим њастем посбон, То ки њар мењнаткаши рўи замин, Умр бинад, шод бошад дар амон! VII.ЛАЊЗАИ МУСИЌЇ. СУРУД ДАР БОРАИ ВАТАН. Суруди умумии хонандагон ("Ќасам") дар васфи Ватан анљомбахши чорабинї мегардад.

Роњбари синф: - Хонандагони азиз! Устодони арљманд! Имрўзњо мо дар арафаи таљлили 68-умин солгарди Ѓалабаи бузург бар Олмони фашистї ќарор дорем. Санаи 8уми май љанг дар остонаи Берлин хотима ёфта, 9-уми май њамчун Рўзи Ѓалаба эълон карда шуд. Ин ид иди бузурги байналхалќист. Зеро зањмату кўшишњо ва ањду паймонњои халќњои бародарии собиќ Иттињоди Шўравї буд, ки моро ба ѓалабаи деринтизор расонд. Ин тантанаи бузурги адолати таърихї буд, ки халќњои шарафманди Иттињоди Шўравиро ба пирўзї расонд. Он Љанг њанўз 22-юми июни соли 1941 оѓоз ёфта, дањсолаву ќарнњои на-

Акмалљон АЊРОРОВ, омўзгори фанни таърих ва њуќуќи гимназияи №2-и шањри Истаравшан


КОРНОМА 4МОЯИ ИФТИХОР Солењљон Боњиров зиндагии ибратомўзашро сарфи хизмат ба Ватан ва давлати хеш намудааст. Дар њаёти бобаракаташ кўшишу талошњои вай бањри адлу адолат ва ободию созандагї наќши бануре доранд. Моњи майи соли равон сокинони кишвари офтобрўяамон 68 - умин солгарди ѓалабаро алайњи Олмони фашистї бо тантана љашн мегиранд. 90 - солагии ходими шинохтаи њизбї ва давлатии Тољикистон, иштирокчии ЉБВ Солењљон Боњиров (рўњаш шод бод!) низ ба ин моњ мувофиќ меояд. Соли 1994 бо ташаббуси Иттињодияи илмї - эљодии "Орифон" дар шањри Конибодом форуми илмии "Канди куњан" барпо гардид ва наздик њаштод нафар олимони ин диёр, аз он љумла, Солењљон Боњиров бо духтарашон, номзади илмї иќтисод Хадича Боњирова низ дар он ширкат варзиданд. Ман бо ин пири размдида дар осоишгоњи (пансионати) Конибодом як њафта њамроњ будам. Дар яке аз вохўрињо дар омўзишгоњи омўзгории ба номи Мирзо Турсунзода ба ў сухан доданд. Ў гуфт: - Хушбахтона, банда дастпарвари њамин омўзишгоњ мебошам. Оѓози Љанги Бузурги Ватанї ба хотире, ки ба варзиш бештар завќ доштам, маро ба омўзишгоњи њарбии ба номи Фрунзеи Љумњурии Ќирѓизистон бањри омодагї алайњи душмани ѓаддор равон карданд. Умуман, мардуми сермиллати шўравиро дар натиљаи дўстию рафоќат ва муттањидии бемонанд, љоннисорињои миллионњо размандагони роњи озодї ин

4МАРДОНИ МАЙДОН - Шумо рафтан гиред, ман ин маконро хабар гирифта меоям, ба њамяроќаш Алексей Курбатов, ки (дар тамоми муддати љанг якљоя буданд, рўй овард љанговари тољик Абдурањим Ќосимов. - Майлаш рав, вале зуд баргард, - дарњол розї шуд њамсангари ў, - бубин, ин хоначањо оддии чўбианд. Туро дар њамин љо интизор мешавам. Аскари диловари размдида, ки дар тўли чор соли муборизањои хунину марговар "дар сари мў бозии љон дидааст", шердил ва бебок ба хоначаи аввала ќадам нињод. Абдурањим Ќосимов, ки дар љангњои манњусу шадид рафиќони хубашро талаф додаст, н��хост нолиши дилрешкунандаро шунид: аскари захмбардоштае паст - паст ва пурандўњ касеро ба ёрї мехонд. Худи ў низ хастаю лакот буд (панљ - шаш километрро љангкунон тай кардаанд), лекин овози аскари маљрўњ вайро бетараф нагузошт: аслињаи љангиро ба китф овезон кард ва зуд љанговари ношиноси захмиро бардошт. -Об, об, об… - нолиши шахси озордида ва љигарсўхта, ки маълум набуд чанд соат инљониб азияту хорї мекашид, ќалбро реш - реш мекард. Вале об додан, ўро дуртар бурдан, дурусттар ба афту андомаш зењн мондану ба худ овардан ва сипас ба дасти њамширањои шафќат (онњо дар баталони алоњида аз паси аскарон расида омаданд) супоридан муяссар нагардид. Дар он даќиќањо, ки љанговари љароњатманди аз худаш ќадре калонсолро бардошт ва чанд ќадам гузошт ва аз

№19 10-уми майи соли 2013

ѓалабаи бузург насиб гардид. Моро танњо вањдату сарљамъї ба ин нусрати оламшумули таърихї расонид. Шукри Худо, чандин солњои хуррам ва рўзгори осоиштаро дидем, аммо шањидони роњи озодиро фаромўш набояд кард. Дар воќеъ, зафар ва ѓалабањои љангї бо шарикони њамяроќ дар ноњияи Реутовский (вилояти Масква) фаромўшношуданианд, њар гоњ, чун он лањзањои талх монанди навори филм пеши назар мегузаранд, хеле нороњат мешавам, зеро мувофиќи маълумотњои оморї беш аз панљоњ њазор љан-

ЌАЊРАМОНЕ АЗ КЎШКАК

говарони фидоии тољик дар ин набарди хунин љоннисорињо кардаанд. Дењаи таърихии Кушкаки ноњияи Конибодоми вилояти Суѓд. Дар ин мавзеи зебоманзар соли 1923 Солењљон Боњиров арбоби давлату њукумати Тољикистон таваллуд шудааст. Ў се сол дар омўзишгоњи омўзгории шањри Конибодом тањсил кард (1936 - 1939) ва пас аз як соли фаъолияти омўзгорї (1939 - 1940) дар мактаби миёнаи ба номи А.С.Пушкини зодгоњаш ба шањри Душанбе омада, донишљўи ДДОТ мегардад (1941). Он айём - оѓози Љанги дуввуми Љањонї Солењљон нав њаждањсола шуда буд. Аввал падараш ва сипас худашро ба майдони бузурги набард хонданд. Дар муњорибаи фронти Ѓарбии назди Масква Солењљон Боњиров собиќ командири гурўњи аскарони (взводи махсуси автоматчињо) њамчун командири шуъбаи автоматчикњои бригадаи ќисми 40-уми тирандозї набардњои беамон бурда, соли 1942 ярадор

мегардад ва дар беморхонаи њарбии стансияи Болдино - Ивановский табобат мегирад. Пас аз муолиља дар вазифаи ёрдамчии командири шуъбаи 202-юми полки тирандозии ноњияи Реутовский вилояти Масква адои вазифа менамояд. Фаъолияти љасуронаашро дар майдони љанг ба назар гирифта, соли 1943 вайро ба њайси афсари ќисми махфии (разведкаи) шуъбаи 8-уми Фронти ѓарбии вилояти Смоленск интиќол медињанд ва ў то соли 1943 дар амалиёти махфии њарбї ширкат намуда, дар яке аз амалиёт сахт ярадор шуда, дар беморхонаи њарбии № 4636-и шањри Масква табобат мегирад ва моњи августи њамон сол ба зодгоњи хеш ќањрамонона бармегардад. Инаш њам аљиб аст, ки падару писари шуљои Ватан - аввал падар, сипас Солењљон аз набардгоњ бо сари баланд, бо ордену медалњои зиёде, ба диёри хеш Кушкак баргаштанд. Дар фаъолияти минбаъдаи Солењљон Боњиров дида мешуд, ки низоми њарбї ба

дунёи ў, рафтору амалиёти вай бе таъсир намондааст. Бинобар ин, дар њаёти омўзгори љавон таѓйири љиддї ба амал омад, ўро ба комиссариати њарбии шањри Конибодом ба кор даъват намуданд. Дар ибтидо ба њайси муовини комиссариати њарбї ба адои вазифа шуруъ намуд. Масъулиятшиносиаш нисбати касби хеш ба мутахассисон писанд омад, ки Солењљон Боњировро ба маќоми баландтар пешбарї намуданд: котиби масъули комиљроияи ш. Конибодом. Ѓайр аз ин, ў дар вазифањои мудири шуъбаи ташвиќот ба тарѓиботи кумитаи њизбии ноњияи Конибодом, котиби якуми ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд, котиби дуюми кумитаи њизбии вилояти Суѓд, љонишини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон (1961- 1962), котиби якуми кумитаи њизбии ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд, мудири шуъбаи органњои маъмурии КМ ЊК Тољикистон (1969 - 1986) хидматњои шоёну бедареѓ намудааст. Дав-

ДАРСИ САДОЌАТУ ВАФОДОРЇ Баъд аз дарахтони ќадбаланди сўзанбрг, ки шохњои сабзи мањин ва навдањои дарозу борики онњо бо њам печидаанд, њамвории фарох оѓоз гардид. Ростї, аз сахтии замини шўразори пуралаф вай њайрон гашт. Охир, минтаќаи сиёњзамин мулоим мешавад - ку, тааљљуб кард дар дил. Њол он ки танкњои вазнини азаматљусса заминњои мулоиму киштбобро нињоят сахт гардонидаанд. Дар њолате, ки њамсилоњонаш бо шитобу љадал (аз паси танкњњои вазнини КВ) ба љониби дењаи Петровка мешитофтанду садои тири тўпњо атрофро ба ларза андохтаанд, ў нохост хоначаи пастаки чўбинро дид, инчунин, диќќат карда, аз паси њавои тира се - чор хоначаи дигарро фарќ намуд. Хоначањо гўё асроре доштанд. макони тангу тор ба сўйе гом нињод, якбора мављи таркиши бузург - минањои хобонидаи душмани маккор - дуяшонро бар замин парчин кард. Ин њодисаи ѓамангез дар соли чоруми љанг рўй дод. Баъд аз соате дар болои занбар ба њўш омад. Худро дар иморати калони муњташам, аз афташ, бинои варзишгарон-баскетболбозон дид. -Хўш, дўсти ќањрамони ман, њушат ба љояш омад?- бо шавќату мењрубонии бародарона болои ў хам шуд старшинаи рота Алексей Курбатов,- офарин, лекин огоњ бош, ки душманони разил мина хобонида, ту ва аскари разморои алоќачиро ќариб нобуд карда буд. …Ин як лањзаи њаёти љангии Абдурањим Ќосимов, фарзанди љасури халќи тољик буд, ки дар фронтњои шадиду марговар рўй додаст. Ваќте ки муњофизи шуљоъ охири соли 1945 ба зод-

гоњаш (вилояти Хатлони ноњияи Шўрообод) баргашт, волидайни шодмон ва хешу аќрабои масрур аљаб тўю тантана оростанд. - Падарам Абдурањим Ќосимов, иштирокчии набардњои хунину пуршиддати фронтњои гуногун бо либоси низомї 25 - уми январи соли 1946 рост ба кумитаи комсомол рафта изњор доштааст, ки як узви шумо хоњад афзуд. Ќабул мекунед? - "Албатта, хоњем пазируфт. Охир, шумо љанговари размдида, њаётомўхта, пуртаљриба. Ба љавонњо, наврасон намунаи ибрат мешавед" - посух додаанд ба падарам, - наќл мекунад муаллимаи таърих ва њуќуќи мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 35 - и ноњияи Шоњмансур Ќурбонгул Ќосимова - духтари Абдурањим Ќосимов, - табиї, падарамон ба хотир овардани лањзањои љангу мардонагии аскарон ва корномаи њамяроќонашро хеле дўст медошт. Он

њикоятеро, ки дар боло оварда шуд, аз забони худаш шунидаем. Дўстони дар солњои љангу айёми ѓолибият ќадрдон гардидаро зуд - зуд ба ёд меовард. Солњои 1960 - ум боре воќеаи аљиб рўй дод: аз тарафњои Минводу Симферопол номаи пурасроре расид. Абдурањим Ќосимов, шахсе, ки 27 - уми июни соли 1946 бо медали "Барои љасорат" мукофотонида шудааст, шумоед? - ба падарам рўй овард намояндаи комиссариати њарбї, - ана, ин мактуби њамяроќатон Виталий Соколов аз љои дур омадааст. Шуморо чанд сол инљониб суроѓ мекардааст. Магар шумо вайро аз майдони љангу хун, аз мурдан наљот додед? Ёд дорам, падарам басе дар њаяљону изтироб афтод, гўё ки бародарашро ёфтааст. Бубинед, љанги зидди адў мардуми бунёдкори моро чї сон дўсту мутафиќ гардонида буд. Мо, фарзандон ва ањли оила бори дигар пай бурдем, ки ќиссањои љангии муњофизони далери Ватан чї сон барояшон азизу ќаринанд. Охир, роњњои љангї - порањои умри љавонии онњост. Падарам - иштирокчиёни њаќиќии љанг - ба фахр кардан њаќ доранд, - гуфт дар рафти њикояташ муаллима Ќосимова. Муборизи бахту саодати халќи хеш Абдурањим Ќосимов дар зиндагї шахси њалолкору боинсоф, дурандеш ва мењрубону хушсухане буд. Вай, ки солњои дароз дар сафи нозирони тартиботи љмъиятї (милитсия) бенуќсон хидмат намуд, бо њамсари

лати Шўравї ва Њукумати Тољикистон барои фаъолияти шоистаи њарбї ва мењнатї (собиќ) командири гурўњи аскарони (взводи махсуси автоматчињо) бригадаи ќисми 40 - уми тирандозии фронти Ѓарбии назди Маскав Солењљон Боњировро бо як ќатор мукофотњо аз љумла: "Барои мењнати содиќона дар ЉБВ солњои 1941-1945" (1941), "Барои ѓалаба бар зидди Германияи фашистї дар ЉБВ солњои 19411945" (1946), "Барои мудофиаи Масква" (1946), "Барои хизмати љангї" (1946), "Барои мењнати шуљоатнок" (1948), "Барои хизмати аъло" (1950), ордени "Байраќи Сурхи Мењнат" (1951), ордени "Байраќи Сурхи Мењнат" (1954), ордени "Байраќи Сурхи Мењнат" (1957), ""Корманди хизматнишондодаи маданият" (1983), "Ордени ЉБВ-дараљаи I" (1985), " 40-солагии Ѓалаба дар ЉБВ - 19411945" (1985), "Собиќадори мењнат" (1985), "Нишони Тиллои ВДНХ" (1985) сарфароз гардонида буд. Афсари майдони љанг, омўзгори насли љавон, ходими њизбию давлатї С.Боњиров, дар синни 74солагї, моњи декабри соли 1997 аз бемории сактаи дил ногањон ин олами њастиро падруд гуфт. Солењљон Боњиров дар баробари хидмати халќу Ватан чун тарбиятгари оилаи намунавї, дар якљояги бо њамсараш Шарофатхон фарзандони хуб ва мењнатдўст тарбия карда ба камол расонидаанд. Фарзандонаш Хадича - номзади илми иќтисод, Собирљон - корманди њарбї, Саодат - номзади илми иќтисод, Сабоњат - духтури ќисми њарбї, Алишер - корманди ВКД фаъолияти шоёнти мењнатї дошта, хотираи падари хешро њамеша пос медоранд. Т. ХОЉАЗОД, рўзноманигор, Аълочии матбуоти Тољикистон вафодораш - Сумангул Ќосимова њашт нафар фарзандони ќобили боилму адаб, мењнатдўст ва ба љамъият нафърасонро ба камол расониданд. Ин рўйдод тааљљубовар нест, ки њанўз солњои 1950 - уми асри гузашта, старшинаи милитсияи тољик Абдурањим Ќосимов барои хидматњои бенуќсонаш бо медал сарфароз гардидааст. Корманди бовиљдони милиса то дами нафаќа дар њамин сохтор кор кард ва бо иззати тамом ба истироњати ќонунї баромад. Зимнан, моњи сентябри соли 1997 барои њамаи ањли хонавода - љанговари собиќ ва марди нафаќахўр, дорандаи ордени "Љанги Ватанї" (дараљаи ІІ) сокини ноњияи Шўрообод, њамсари ў холаи Сумангул ва фарзандони онон - Ќурбонгул (муаллима), Рўзигул (корманди соњаи тиљорат), Нозигул (собиќ директории мактаби миёна дар ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї) ва Саидмўъмин Ќосимов (устоди варзиши љумњурї) рўзњои хурсандии фаромўшнопазир њисоб мешаванд: иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Абдурањим Ќосимов бо фармони Президенти љумњурї бо медали маршал Г.К.Жуков сарфароз гардонида шуд. Воќеан, ин мукофоти баќадрест, ки ба љанговарони содиќу шарафманди Ватан насиб гардидааст. Маълум, ки халќу Ватан хидмату корнамоии фарзандони вафодорашро њаргиз фаромўш нахоњад кард. Усмон ШОКИР, узви Иттифоќи рўзноманигорон ва Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон, Т. ХОЉАЗОД


ПОСИ ХОТИР

№19 10-уми майи соли 2013

4ШАРАФ

4СУХАНИ НЕК

Дар омўзишгоњи омўзгории шањри Панљакент, ки муаллимони мактабњои ибтидої тайёр мекард, дар зарфи чањор соли хониш диќќати асосї барои азбар кардани фанњои љамъиятї, яъне забону адабиёт, таърих, психология ва педагогика, инчунин дигар фанњои гуманитарї дода мешуд.

ПОСДОРАШ НОМИ НЕКЎСТ

БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ Њамкурсу њамсабаќ ва њампешаи банда, бародари азизи шодравонам Сайфуллоњ Рањмонов оид ба кулли ин фанњо маълумоти комил дошт. Нисбат ба фанни математика мењру муњаббати зиёд дошт ва мо шоњиди он будем, ки ў то нисфи шаб дар сари миз нишаста, чандин вараќњои дафтарро бо њалли масъалањои математикї сиёњ мекард. Пас аз хатми омўзишгоњ Сайфуллоњи љавон имконияти фавран ба мактаби олї дохил шуданро надошт. Зеро дар он солњо дар макотиби њафтсола ва миёнаи ноњияњои љумњурї омўзгорон нокифоя буданд. Барои њамин њам бо супориши Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тамоми хатмкардагони соли 1956и омўзишгоњи омўзгории Панљакент чун муаллимони љавон ба мактабњои љумњурї таќсим карда шуданд. Мувофиќи таќсимот Сайфуллоњ Рањмонов ба ноњияи Њисор ба сифати омўзгор роњхат гирифт. Соли 1957-ум Сайфуллоњ Рањмонов имкони донишљўи мактаби олї шудан пайдо кард. Натиљаи зањмату кўшиш ва шабзиндадорињои пайваста буд, ки љавони боѓайрату мењнатдўст Сайфуллоњ Рањмонов Донишгоњи миллии Тољикистонро соли 1962 бо муваффаќият хатм карда, соњиби дипломи аъло шуд. Роњбарияти донишгоњ Сайфуллоњ Рањмоновро ба њайси устоди ин даргоњи илму маърифат пазируфтанд. Аммо аз сабаби он ки падару модараш солманду дастнигар буданд, ба назди ректор, академик Солењ Раљабов даромада, шароити вазнини оилавиашро фањмонд. Њамин тавр аз соли 1962 ин

мутахассиси љавон дар мактаби зодгоњаш дењаи Урметан оѓози фаъолият кард. Дар муддати зиёда аз 40 сол Сайфуллоњ Рањмонов бо чандин директорону омўзгорони пуртаљриба, аз љумла, Љалол Абулњаев, Азизќул Самадов, Шарофиддин Самаров, Ањмад Рањматов, Ризолиддин Низомов, С.Шарифов, Файзулло Мањмадов, Усмон Шарифов ва дигарон њамкории судманд дошт. Њоло як зумра хатмкардагони мактаби дењаи Урметан, ки шогирдони Сайфуллоњ Рањмонованд, ба дараљаи устодї расидаанду дар макотиби олии љумњурї ба насли имрўзу фардо таълим медињанд. Бародари мо Сайфуллоњ Рањмонов аз бобову падар боѓдориро низ ба мерос гирифта буд. Бобои ў Муњаммадамин дар солњои пеш аз инќилоб дар мавзеи Њайандоз, ки як замини ноњамвору беоб буд, боѓе бунёд кард, ки мардуми дењаи Урметану мусофирон дар сояи дарахтонаш нишаста, аз мевањои шакарбори он лаззат мебаранд. Бародари шодравонам Сайфуллоњ Рањмонов чун бобояш дар мавзеи Ширбоѓ, дар љои ёнаву сангистон бо мењнати шабонарўзї боѓи зебое бунёд кард, ки имрўз фарзанду набераву аберањои ў дар сояи он истироњат карда, аз самараш истифода мебаранд. Сайфуллоњ Рањмонов шаш нафар фарзандро тарбия кардааст, ки аксар соњиби маълумоти олианд. Чањор писари ў бо пайроњаи интихобкардаи падар рафта, маълумоти олии математикиро соњиб шуданд. Раќиб АБУЛЊАЕВ, профессор

НАМИРАД, ГАР БИМИРАД НЕКНОМЕ…

4ЁДВОРА

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маљўй, Дар синањои мардуми ориф мазори мост. Њофиз Рўзи 13-уми ноябри соли 2012 хурду калони дењаи Тутќавул мотам доштанд. Яке аз фарзандони фарзонаи ин диёр, шахсияти бузурги соњаи маориф, устоди гиромиќадр Нарзулло Абдуллоев ин љањони фониро падруд гуфтанд. Њангоми видои устод мисрањои зерини Саъдии Шерозї ба ёдам мерасиданд: Бигзор, то бигирям, чун абр дар бањорон, К-аз санг нола хезад, рўзи видои ёрон. Њазор афсўс! Марги нобањангом риштаи умри ин устоди бузургро дар синни 71-солагї гусаст. Устод ќариб 50 соли умри хешро сарфи таълиму тарбия намуда, шогирдони зиёдеро ба воя расондаанд, ки имрўзњо касби омўзгориро пешаи худ сохтаанд. - Устод Нарзулло Абдуллоев дониши баланди касбї ва фарњангї доштанд. Мењри омўзгориро дар дили ман он кас љой додаанд. Чењраи гарму дилкаш доштанд. То дами вописини умр маслињатгари мо, омўзгорон, буданд, - мегўяд директори мактаби №4 Содиќов Абдуѓаффор. Нарзулло Абдуллоев 20-уми октябри соли 1941 дар дењаи Сурмаи ноњияи Данѓара дар оилаи дењќон таваллуд шудааст. Соли 1965 ДДОТ ба номи С.Айниро бо

Устод Наљмиддинхоља Њакимњољаев тамоми умри худро бањри таълиму тарбияи шогирдони факултети фанњои табиї (њоло факултетњои география - экология, химия - биология) ва инкишофи илми химияи аналитикї сарф намуда, дар ин љода ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардидааст. Устод вобаста ба химияи тањлилї дар мавзўи "Доир ба се шакли реаксияњои рангаи элементњои ишќорзаминї бо 2,7 - бисазоњосилањои кислотаи хромотропї" рисолаи илмї дифоъ карда, дар вусъати масъалањои муњими пайвастањои хелатњосилкунанда дар Љумњурии Тољикистон сањми назаррас гузоштааст. Натиљаи рањнамоињо ва ѓамхорињои устод буд, ки шогирдонаш имрўз дар вазифањои масъул бомуваффаќият кору фаъолият доранд. Масалан, љонишини раиси вилояти Суѓд Мављуда Бобоева аз шогирдони фаъоли устод мебошад. Наљмиддинхоља Њакимњољаев соли 1941 дар шањри Хуљанд ба дунё омадааст. Соли 1965 Донишгоњи давлатии Тошкандро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолиятияшро дар Пажўњишгоњи химияи АИ Тољикистон оѓоз менамояд. Ў соли 1970 аспирантураи Пажўњишгоњи химияи аналитикї ва геохимияи Академияи фанњои Иттињоди Шўравиро ба итмом расонида, худи њамон сол рисолаи илмии хешро ба дифоъ расонидааст. Солњои 1970-1972 њамчун ходими хурди илмии Пажўњишгоњи химияи Љумњурии Тољикистон ба номи В.И.Никитин кор кардааст. Соли 1972 дар асоси озмун ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров фаъолият намуда, таљрибаву малакаи худро сайќал додааст. Устод Н.Њакимхољаев муаллифи 75 маќола, 2 шањодатномаи муаллифї буда, дар конфронсњои бонуфузи донишгоњњои Москва, Суздал, Харков иштирок намудааст. Устод сарвари хонадони фарњангиест. Фарзанди калонаш Сидољиддин касби омўзгориро пеша кардааст ва соли 2000 дар мавзўи "Особенности реакции кватернизации полимерами винилэтинилтриме-

4САРГУЗАШТ Тирамоњи соли 1944. Артиши Шўравї ќисмњои парокандаи гитлериро мањвкунон пеш мерафт. Полки 395-и артиллерї, ки взводи пулемётии Ѓиёсиддин Мирзоев ба он шомил буд, њангоми убури дарёи Двинаи Ѓарбї бо ќувваи бешумору сар то по мусаллањи душман рў ба рў омад. Дар зери борони тиру тўп замину осмон ба ларза меомад. Аз њар тараф садои тири танку тўп баланд гардида, дар байни аскарон воњима меандохт. Самолётњои душман аз болои сари аскарони мо паст парвоз карда "бор"-и марговари худро болои

тилпиперидола" рисолаи илмї дифоъ намуда, соњиби унвони номзади илми химия гардидааст. Фарзандонаш Садриддин омўзгор, Камолиддин муњандис, Фирдавс омўзгор, Фазлиддин омўзгор, Аслињиддин муњандис мебошанд. Хидматњои устод бо нишони "Аълочии маорифи Тољикистон", медали биринљии Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи Иттињоди Шўравї ва бо ифтихорномањои зиёд арљгузорї шудааст. - Устод донишманд буданд. Ман ба аќлу заковат, ба дониши он кас њавас мекардам ва ба худ мегуфтам: - Ањсан ба модаре, ки чунин инсони нексириштро ба дунё овардаасту ўро ба ман эњдо намудааст. Худоро шукр мегўям, ки чунин марди нексиришт ва барнодилро доро будам, ки падари ѓамхор ва дилсўзи фарзандони азизам буданд, - мегўяд њамсари мењрубон ва модари фарзандони накўном Фаридахон Њакимхољаева. Дар идомаи суханони хеш модари мењрубон таъкид менамояд, ки шогирдони устод аз шањрњои бузурги собиќ Иттињоди Шўравї, Олмону Ќазоќистон, Эрону Туркманистон… то њол миннатдории худро нисбат ба устоди серталаб ва сахтгиру донои хеш ба воситаи телефони мобилї ва шабакаи "Интернет" изњор менамоянд. Охири моњи январи соли 2011 хешу аќрабо ва њамкорон тасмим гирифта буданд, ки дар рўзи мавлуди устод 70-умин бањори умрашонро бо тантана љашн хоњанд гирифт. Лек афсўс, ки марги нобањангом 4уми феврали њамон сол устодро аз дунё рабуд. Вафоти устод орзуњои чандинсолаи њамсари мењрубон, фарзандон, устодон ва шогирдонро ба боди њиљрон бурд. Гарчанде ки имрўз устод љисмашон аз байн рафта бошад њам, чењраи зебо, табассуму гуфторњои љолибашон њар дам пеши назар љилвагар мешавад. Номи неки устод, то абад дар дили шогирдону устодон, фарзандону пайвандон боќї мемонад. Љўрабой ХОЛИЌОВ, Фаридахон ЊАКИМХОЉАЕВА, хизматчиёни давлатї

ёфта, хостаанд дар ќатори фавтидагон гўр кунанд, вале бахташ хандида, кадоме чизеро њис кардаасту ўро ба госпитал овардаанд… Њамин тавр, лейтенант Ѓ.Мирзоев, ќ��риб 6 моњ бо чашмони бастаю асобаѓал табобат гирифт. Ба номи хешу табор аз ў ба дењаи азизаш "Гулистон" аз номи командири полк (бехабар аз он ки љанговар зинда аст) хати "сиёњ" омад. Пайвандону наздикони муаллим Ѓ.Мирзоев хун мегиристанд… …Ватан корнамоии ўро ќадр кард. Барои аз дарёи Двинаи Ѓарбї гузаштан бо медали "Барои шуљоат" мукофотонида шуд. Ин мукофоти барои сарбоз муќаддас ба муаллим Ѓ.Мирзоев танњо баъ-

ХАТИ СИЁЊ ОМАД, ВАЛЕ... ихтисоси математика - физика хатм намудааст. Аз соли 1965 дар мактаб - интернати №1-и ноњияи Данѓара кор карда, аз њамон љо ба сафи армия даъват шуд. Аз соли 1967 сар карда, дар мактаби миёнаи №7 муаллими фанни риёзї ва аз соли 1969 мудири ќисми таълимии мактаби №40 ва соли 1981 то соли 2005 директори мактаби №12-и шањри Норак шуда кор кардааст. Барои фаъолияти шоиста бо нишони Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон ќадр карда шудаанд. Рўњатон шод ва хонаи охирататон обод бошад, устоди гиромиќадр. Марги соњибдил љањонеро далели кулфат аст, Шамъ чун хомўш гардад, доѓи мањфил мешавад. (Бедил) Љумъагул Рањимова, омўзгори мактаби миёнаи №4-и шањри Норак

сари эшон мерехтанд. Талафот аз њар ду тараф зиёд буд. Њамин ваќт командири полк, майор Малин ба командири взвод, лейтенант Мирзоев амр дод: - Рафиќ лейтенант, мебинам, ки аскари љасур менамоед. Зуд пулемётчиёни худро гирифта, аз самти чап њолати мудофиаро муайян кунед. ДОТи душман садди роњи аскарони мо шуда, онњоро ба пеш њаракат кардан намемонад! Ваќти фикр кардан набуд. Лейтенант Ѓиёсиддин Мирзоев аз паи иљрои фармон шуда, бо взводи худ ќариб як ротаи душманро несту нобуд кард. Аскарони мо якбора "ура" гўён ба пеш њаракат карданд. Ѓиёсиддин дар ин ваќт сўзиши пои чапашро њис карда, аз њаракат монд. Хост ба пеш њаракат кунад, вале њайњот. Ў дигар чизеро дар ёд надошт. Танњо баъди як њафта ў дар яке аз госпиталњои вилояти Витебски Белоруссия ба худ омад. Дарди љонкоњи сар ва чашмон азобаш медод. Вале љанговари шўљоъ ба дарду шиканља тан надода, бо ёрии ёру дўстон аз бистари беморї хеста бо ёрии асобаѓал каме роњгардон шуд… …Ѓиёсиддин Мирзоев баъдтар аз наќли њамяроќњояш фањмид, ки љисми ўро аз зери хоку лой

ди 40 сол омада расид. Онро соли 1984 дар вазъияти тантанавї ба муаллим супориданд. Солњои зиёд аз байн гузаштанд, вале кору пайкори одамони наљиб аз ёдњо зудуда намешавад. Агар марг амон медод, имсол муаллими муњтарами мо, устоди устодони мактаби миёнаи №3-и дењаи Арал Ѓиёсиддин Мирзоев ба синни мубораки 88 ќадам мемонд. Муаллим Ѓ.Мирзоев имрўз дар байни мо, шогирдону њамкорони собиќаш, нест. 19-уми декабри соли 2009 марги нобањангом муаллими азизи моро аз байни мо рабуд. Боз як фарди фидоии роњи маориф, ки зиёда аз 50 соли умри бобаракати хешро сарфи пешаи омўзгорї карда буд, бо њаёт падруд гуфт. Устод Ѓиёсиддин Мирзоев зиёда аз 18 сол сарвари мактаби номбурда, яъне мактаби миёнаи дењаи Арал буд. Ќариб њамаи устодони мактаби номбурда шогирдони муаллими диловар мебошанд. Имрўзњо онњо дар таълиму тадриси шогирдон беш аз пеш ба муваффаќият ноил мегарданд ва бо ин рўњи устоди мењрубони хешро шод мегардонанд. Шарифљон РАЊИМЗОД, омўзгор


НУЌТАИ НАЗАР 4НИГАРОНЇ 51 сол боз омўзгори фанњои физикаю математика њастам. Шогирдонам олим, муњандис, пизишк, омўзгор ва боз дар дигар корњои муњими давлатї кор карда истодаанд.

№19 10-уми майи соли 2013 гирам, баъд љавобаш (њамон 9-њо) њосил шавад. Ин гуна масъалањо завќи бачаро бедор намекунанд, баръакс, вайро дилхунук мекунад. Аз ўњдааш, ки набаромадї, як сў мегузорї. Боз мехоњам дар бораи як мисоли дигар андешањоямро

САРГАРОНЇ АЗ КИТОБЊОИ "МАТЕМАТИКА" Маро вазъи китобњои дарсї сахт ба ташвиш овардааст. Инак, чанд андешаи ман. Чопи китобњои дарсї (ба фикри ман) бояд аз коѓазњои сифаташон хуб, расму наќшањои ранга, мисолу масъалањои ба синну соли хонандагон мувофиќ иборат бошад ва китоби нашршуда на кам аз 1015 сол истифода бурда шавад. Кори таълим аз сифати хуби китобњо сахт вобастагї дорад. Китоби дарсие, ки барои синфњои 5-ум аз фанни математика (муаллифаш Асадулло Шарифзода) навишта шудааст, аз камбудињо холї нест. Дар пешгуфтори китоб омадааст: 1.Супоришњои гурўњи аввал барои дар синф иљро кардан пешнињод карда мешаванд, бо хатча ишорат мешаванд. 2.Супоришњои хонагї ба ранги кабуди паст ишорат мешаванд. 3.Супоришњое, ки барои бедор кардани завќи хонандагон бо ранги хокистарї ишорат мешаванд. 4.Супоришњои такрории дарсњои гузашта бо ранги кабуди баланд ишорат шудаанд. Вале дар китоб ин ишорањои шартиро тамоман намеёбї. Намешавад, ки ин ишорањоро бо секунља, росткунља, давра ва нимдавраи сиёњкардашуда иваз кард. Ягон намуди ранг лозим нест, симтурњо њам лозим нест. Дар сањифаи 73-и њамин китоб омадааст: Таъриф. Агар њангоми таќсими адади а ба адади в натиљаи таќсим бо норасої ба адади с баробар шуда, к баќия монад, (z<в) он гоњ менависем, а=в*с+r, r аз куљо пайдо шуд, с дар куљост? Ин тавр бояд мешуд: а =в*с + к. Дар њамин сањифа ин тавр навишта метавонем: 14=3.4+2; 13=3*4+1; 15=3*4+3 (1) 13; 14; 15; таќсимшаванда, адади 4 таќсимкунанда ададњои 1; 2; 3 баќия. Навиштаи дурусти (1) чунин бояд бошад: Њатман 13=4*3+1; 14= 4*3+2; 15= 4*3+3 Навишти o<r<в барои хонандаи синфи 5 дастрас њаст? (сањ.83) Мисоли 1. Адади 794-ро ба 25 таќсим мекунем. Аввал адади 794-ро ба дањињо ва воњидњо људо мекунем: 794=79.10+4. Ваќте ки таќсими адади 794 ба 25 кунљакї ишора шудааст, људокунии боло истифода нашудааст. Људокунї чї лозим аст? Таќсими 794:25-ро чунон дароз навиштаед, ки гўё дар синф дарс дода истода бошед. Таќсими ин ададњоро наход, ки муаллими дарсдињанда надонад, ки шумо батафсил

фањмондаед? Дар китоби математикаи синфи 5 масъалањое пешнињод шудааст, ки ба кўдакони 11-сола тамоман мувофиќ нестанд. Масъалаи №188 (сањ.30) доир ба ёфтани њаљми куб бањс мекунад, вале њаљми кубу таърифаш дар сањифаи 94-и њамин китоб омадааст. Масъалаи 155-и њамин китоб, ба масъалаи "10-и китоби

геометрияи синфи 11 якхелаанд. Наход фањмиши хонандаи синфи 5 ба хонандаи синфи 11 баробар бошад? Дар сањифаи 87, масъалаи 601 омадааст: "Дастаи нури рушної масофа" аз Замин то ситораи наздиктарин Сентавраро дар 4 солу 120 рўз тай мекунад. Масофа то Сентавра чанд км аст? Бояд, ки хонандаи синфи 5 суръати рўшноиро донад, ваќти нишондодашударо ба сония гардонида, бо њам зарб занад, баъд њалли масъала анљом меёбад. Оё кўдаки синфи 5 аз ўњдаи њалли ин гуна масъалањо мебаромада бошад? Масъалаи 359. Адади 12345679-ро ба кадом адади дураќама зарб занем, ки дар натиља адади њамаи раќамњояш 9 њосил шавад? Муњтарам Шарифзода! (узр мехоњам). Њамин масъаларо (масъалањои ба ин монанд дар китоби Шумо бисёранд) ба хонандаи синфи 5 не, ба ягон муаллими математика пешнињод кунед, аз ўњдаи њаллаш мебаромада бошад ё не? Ман аз ўњдааш намебароям. Мебояд, ки њамаи ададњои дураќамаро бо тартиб ба раќами боло зарб задан гираму зарб задан

гўям. Сањифаи 39-уми китоб. Ададњои 2345 ва 64453-ро љамъ кунед: 2345+2000+300 - 40 + 5 6453 = 6000 + 400 + 50 + 3 2345+6453 =2000 + 300 + 40 + 5 + 6000 + 400 + 50 + 3 Аз ќонуни љойивазкунї ва гурўњбандиро истифода бурда, њосил мекунем: 2345+6453 +2000 + 5000 +300 + 400 + 40 + 50 + 5 + 3 = 8798. Мисол аз рўи навиштатон нодуруст љамъ шудааст. Њамин натиљаро њангоми "таг ба таг" љамъ кардани ададњои 2345 ва 6453 њосил кардан мумкин аст: 2345 +6453 8798. Њамин тавр, ки бошад, људокунии зиёдатї чї лозим аст. Усули таг ба таг љамъкунї фањмо нест магар? Дар китоби соли чопаш 2011 (муаллифон Р.Пиров ва Н.Усмонов) дар сањифаи аввал: "Дараља ва функсияњои дараљагї. Муодилањои иратсионалї љой дода шудааст. Раќами мисолу масъалањои ин китобњо таѓйир ёфтаанд. Ёбеду гирад. Китоби чопшудаи соли 2005 аз эътибор соќит. Ваќто ки муаллим мисол ё масъалаеро бо њамроњии хонандагон њал мекунаду љавобаш ба љавоби китоб дуруст намеояд, муаллим хиљил мешавад, њарчанд, ки нодурустиашро фањмонї, хонанда дигар хел фикр мекунад. Моро дуруст фањмед. Дар раќами 212-и китоби куњна ва дар раќами 247-и китоби нав 6 мисолї пешнињод шудааст. Љавоби ин мисолњо: (а,в,г) нодуруст дода шудааст. Дар китоби нав њам ислоњ нашудаанд. Дар китоби нашри пешин дар мисоли №261 дар китоби нав №9 чунин омадааст: Амалро иљро кунед? - Љавоби ин мисол дар њарду китоб хатост. Ин мисол бояд пас аз омўхтани мавзўи: "Табдилдињии айниятии ифодањои дараља ва решадошта" дода мешуд. Чї хеле ки мебинем, љобаљогузории мавзўъњову мисолњо риоя нашудааст. Дар китоби наву кўњна чунин теоремањо омадаанд. Сањ.16. Теоремаи 1. Агар ба њарду ќисми муодила ягон адад, ё ки ягон бисёраъзогиро љамъ кунем, он гоњ муодилаи нави њосилшуда ба муодилаи аввала баробарќувва аст. Ќ.ЮНУСОВ, муаллими мактаби №36-и ш.Кўлоб

4ТАШАББУС

4ДУ ХАБАР

МУБОДИЛАИ АФКОР

Конфронси илмї-назариявии њайати профессорону омўзгорон ва донишљўёни Донишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ дар мавзўи "Ташаккул ва рушди устувори иќтисодиёт дар Љумњурии Тољикистон", 23-уми апрели соли 2013 дар маљлисгоњи донишкада баргузор гардид. Хулосаи умумии конфронс бо сухани ифтитоњии директори ДИС ДДТТ Аминов И. А. оѓоз гардид. Дар конфронс сардори раёсати иќтисод ва савдои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Мастура Комилова иштирок ва суханронї намуда, ба кори конфронс барору комёбињо таманно намуд. Сипас, маърўзањои илмии устодон ва донишљўён шунида шуда, мавриди муњокимаву баррасї ќарор гирифтанд. Мудири кафедраи иќтисодиёт ва соњибкорї Комарова Г. Б. дар мавзўи "Амнияти озуќаворї-омили асосии рушди иќтисод�� кишвар" маърўзаи пурмуњтаво намуд. Маърўзаи илмии муаллими калони кафедраи тиљорат ва њуќуќ Окилов Ф. И ба мавзўи "Бехатарии њуќуќии бизнес њамчун омили тараќќиёти соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон" бахшида шуд, ки аз тарафи иштирокчиён бањои арзанда гирифт. Мудири кафедраи иќтисодиёти љањон Мирпочоев Д.А. дар маърўзаи хеш оид ба "Идорасозии ќарзњои берунаи Тољикистон дар шароити муосир" фикру мулоњизањои љолибро баён намуд. Маърўзаи илмии донишљўи соли дуюми ихтисоси молия ва ќарз Рањимова М.В. ба мавзўи хеле муњим: "Муњољирати мењнатї ва сањми он дар иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон" бахшида шуд. Сипас, оид ба маърўзањои илмї байни устодону донишљўён мубодилаи афкор сурат гирифт. Нуъмон РАЉАБЗОД "Омўзгор"

МАЊФИЛ ДАР ДОНИШГОЊ

Дар толори фарњангии Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї конференсияи илмї - адабї бахшида ба 70 - солагии зодрўз ва 50-солагии фаъолияти эљодии Шоири халќии Тољикистон Њаќназар Fоиб баргузор гардид. Конфренсияи илмї - адабиро бо сухани ифтитоњї ректори донишгоњ, доктори илмњои физика ва математика Абдулло Табаров кушода, мењмононро хайру маќдам гуфт. Сипас, мудири кафедраи забон ва адабиёти тољик Озодамо Кељаева дар бораи њаёт ва фаъолияти шоир Њаќназар Ѓоиб баромад кард. Шариф АБДУЛЊАМИД, "Омўзгор"

4НАТИЉА

ИЌДОМИ НАЉИБИ ХАТМКУНАНДАГОН ЉАМЪБАСТИ ОЗМУНЊОИ ЗЕЊНИИ ХОНАНДАГОН

Дар рўзи ќабули шањрвандон аз тарафи раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулдзода бо усули "Равзанаи ягона" дар шањри Истаравшан дар баробари масъалањои њалталаб, ба бунёду азнавсозии мактабњо низ таваљљуњи хос зоњир гардид. Зимни сафари кории худ ва иќдоми шоистаи раиси вилоят барои њалли мушкилоти мардум ба ман муяссар гардид, ки бо корњои ободонию созандагї ва иќдоми наљиби хатмкунандагони собиќи мактаби №13, дењаи Мањаллаи Яси, љамоати Гули Сурхи Шањри Истаравшан ошно гардам. Воќеан, мактаби мазкур соли 1979 ба истифода дода шуда, 32 сол рўи таъмири асосиро надида буд. Бо ташаббуси маъмурияти мактаб, љомеаи омўзгорї ва раиси кумитаи падару модарони таълимгоњ Набиљон Файзиев як мурољиатнома ба собиќ хатмкунандагони солњои 1968-2000 барои аз таъмир ба-

ровардани мактаб ќабул карда шуд. Собиќ хатмкунандагон ин мурољиатномаро дастгирї намуда, аз моњи май то сентябри соли 2012 24 синфхона, роњравњо, толори варзиш, маљлисгоњи мактабро пурра аз таъмири хушсифат бароварданд. Тирезањои 24 синфхона пластикї карда шуда, фарши синфхонањо пурра нав гардид. Барои таъмири мактаб 241 њазор сомонї аз тарафи собиќ хатмкунандагон масраф гардид. Албатта, ин иќдоми наљиби собиќ хатмкунандагон мавриди тањсину ситоиш аст ва бунёди мактабу таъмиру азнавсозии муассисањои таълимї кори хайру пурсавоб мањсуб мешавад. Њамчунин, соњибкор Њољињомид Муъминов ба маблаѓи 14 њазор сомонї 4 синфхонаи иловагї сохта, ба истифода дод. Атрофи мактаб бо баландии 1,5 метр бо маблаѓи 8 њазор сомонї деворбандї карда шуд.

- Баъди аз таъмир баровардани мактаб бо дастгирии Вазорати маориф ва кумаки њамаљонибаи вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов ба мактаб 360 дона миз, 720 адад курсї, 24 адад тахтаи синфї, 24 дона курсї барои омўзгорон, љамъ 100 800 сомонї дастрас гардид, ки мавриди истифода ќарор гирифтаанд, - мегўяд бо арзи сипос директори мактаб Њабиб Азизов. Айни замон дар мактаби №13-и дењаи Мањаллаи Яси Истаравшан 1026 нафар хонандагон тањсил менамоянд, ки ба таълими онњо 39 нафар омўзгорони пуртаљриба машѓуланд. Агар ин иќдоми шоистаи собиќ хатмкунандагони мактаб дар дигар шањру навоњии вилоят низ амалї гардад, сафи мактабњои ободу муљањњази мо ба маротиб зиёд хоњад гашт. Нуъмон РАЉАБЗОД

Дар мактаби №16 -и шањри Хуљанд олимпиадаи синфњои ибтидої ва озмуни "Хушнависї" љамъбаст гардид. Олимпиадаи синфњои ибтидої соли 6-ум ва озмуни "Хушнавис" бори аввал аст, ки њамчун озмуни зењнї баргузор мегарданд. Њадаф аз ташкил ва доир намудани олимпиада ва озмун бедор намудани завќи хонандагони хурдсол ба омўхтани илму дониш, дарёфт намудани толибилмони соњибистеъдоду болаёќату хушнавис ва омода кардани онњо ба озмуну олимпиадањои минбаъда мебошад. Тањлилњо нишон медињанд, ки сафи иштирокчиёни олимпиада сол аз сол бештар мегарданд. Агар соли гузашта дар Олимпиадаи мазкур 1054 нафар хонандагони синфњои ибтидої иштирок намуда бошанд, имсол теъдоди довталабон 282 нафар афзудааст. Мавриди зикр аст, ки дар олим-

пиадаи имсола низ бо маќсади муайян намудани истеъдодњои асил, шахсиятњои лаёќати фаъоли зењнидошта дониши њар як иштирокчии озмун аз фанни забони тољикї ва математика санљида шуд. Њамчунин, таълимгирандагони мактабњои тањсилоти умумї ва мактабњои типи нав аз рўи супориши ягона шартњоро иљро намуданд. Хонандагон донишу истеъдоди худро аз фанни забони модарї аз рўи шартњои диктант, тањлили љумла, шарњи луѓат, ќироати шеър, ифоданок хондани матн ва аз фанни математика бошад, аз рўи шартњои њалли масъала, иљрои амалњо, њалли муодила, ќимати ифодањо, ёфтани периметр ва масоњат нишон доданд. Ѓолибонро мудири шуъбаи маорифи шањри Хуљанд Акрам Аслонов табрику тањният гуфта, ба онњо ифтихорнома ва тўњфањои хотиравї таќдим намуд. Нуъмон РАЉАБЗОД


АДАБИЁТ

№19 10-уми майи соли 2013

4БАРОИ ДАРЁФТИ ЉОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНЇ Ба љойи муќаддима ё осори комили нависандаи суханљсанљ

Адабиёт ба масобаи як ќасри бошукўњ, муљалло ва сар ба фалак кашидаест, ки ба он дохил гардидан аз эљодкор нерўву љасорат, азму саъйи комил, мањорату њунари воло ва зањмату ранљ талаб мекунад. Чаро адабиётро ба ќасри бошукўњу пурљалоле ташбењ додам? Њар шахси андаке аз мутолиаи осори бадеъ бохабар накў медонад, ки адибони чирадасту тавоно, ки зотан молики истеъдоди нодир ва њатто, њайратангези суханофарї будаанд, бо асарњои пурмуњтаво ва љолибу љаззоби хеш, ки бо санъату њунари олї офарида шудаанд, пеши назар силсила андар силсила дарњои сењру мўъљиза ва рангорангињои тасаввурнопазиреро во мекунанд, ки аз тамошои он њама зебу фар ва ороишоту перостагињо ба рўњу илњоми Худододу барозандаи офаридгораш сари таслим фуруд меорї. Дар масири таъриху давру замонњои гуногун басо зарифони њаваскоре ќалам ба даст гирифта, бањри таълифи осоре аз худ монданї хостори ба ин ќасри зиннатоин ворид гардиданро њадафи хеш ќарор додаанд, вале ин кушк ба рўйи њаваскорону орзуманддони њавої дари хеш боз накардаву онњоро напазируфтааст, яъне, дар ин маврид ќатъият ва серталабиро шарти асосї шуморидааст. Шахси эљодкор ба фатњи ќуллаи нињоии адабиёт бо ранљу машаќќат ва аз худ гузаштанњо, мутолиаи бардавоми огоњмандона, рўзафзун иттилоъ ёфтан аз осори фарњехтаи падидазои адабиёти љањонї ва омўзиши пайваста комёб мегардад. Ва дар ин роњ офаридани пањлуњои мураккабу печида, ноњамвории зиндагии инсонњо, љузъиёти соярўшанињои њаёт, ки њароина, ќањрамонони муборизу шарафманд ва поктинату порсо, ки алораѓми беадолативу зулм ва беинсофию худхоњї ва афроди мунофиќу садрўи манфиатхоњ ба талошу пайкор бархостаанд, наќши умда ва нозудуданї мебозанд. Ман ба осори насрии нависандаи соњибистеъдод, барандаи љоизаи адабии байналмиллалии ба номи Борис Пастернак, муаллифи њафт китоб аз њамин зовия, ки аз хусуси нуктањои асосии он дар фавќ сухан рафт, бо нигоњи љиддї, талаботи ќотеъонаи адабиёти муосир ва дар заминаи муќоисаву муќобала бо осори њамќаламони адиб наздик шудам. Пас аз мутолиаи љиддиву њарљонибаи осори Марямбону ба чунин хулоса омадам, ки ќањрамононаш дар њар вазъу њолат ва шароит, бо вуљуди мураккабињову мушкилоти сангини зиндагї домани умеду талаб ва дар нињояти кор муборизаву талошро аз каф нанињода, аз бунбасту мўњликот, ки пешорўяшон чун Садди Чин зуњур кардааст, растагорї меёбанд. Бояд ќайд кард, ки як чунин тасвиру ќаламфарсої дар офаридани рўзгори нобасомону пурташвиш ва мамлу аз тазоди њамзамонони мо, на ба њар носире (чун бахши зиёди эљодкорони мо бештар ба нигориши оњангу тобишњои навмедонаю рўњфарсудагї њолиё камари њиммат бастаанд) даст додаст. Ва нерўи ќаламу сухани созандаи Марямбону мањз аз њамин сарчашма об мехўрад, аз сарчашмае, ки дилу маѓз ва рўњу хаёлро бо офариниши манзарањои воќеиву айнии њаёт ва ќањрамонони ќавииродаву гарданфароз, ки њадафи оливу муќаддами эшон бо нањваю сабкњои мухталиф дўст доштани зиндагї ва арљ гузоштан ба Њазрати Инсон будааст, гироиши лаззатбахш ва мутањайирона мебахшад.

Розу рамзи ишќ

Марямбонуи Фарѓонї асосан ба навиштани њикоёту ќисса раѓбат дорад ва аслан кам менависад, вале бисёр дурандешонаву ботањаммул, сухансанљонаву даќиќкорона. Ва зоњиран дар мавзўоте осор меофарад, ки маълуму мафњум ва то њадде анъанавианд. Ва аммо чун жарфтару амиќтар ба мутолиаи ќиссањову њикоёти адиб

муштаѓил мегардед, дармеёбед, ки имконоти офаридани манзарањову тобишњои љузъиётнигорї ва лањза ба лањзаву тадриљан, ба ин васила равшану бармало сохтани симои мукаммалу љозибаангези ќањрамонон аз љониби нависанда, бо мањорат ва тавонмандии њунарии як санъаткори варзида рўйи сањфа меоянд. Мушоњида мегардад, ки дар ин љода истеъдоди волои адиб бо зањмату ранљи тавонкоњ ва омўзиши худогоњона тавъаму ногусас-

сањифањои охир, дар лањзаи аз вохўрї, сањењтараш мулоќоти Файзуллоњ бо Соимаи дар бистари беморї хобида, ки чанд рўзе аз умри ў дари ин олам мондааст, б��ѓоят мўъљазу љаззоб ва пурдарду љигарсўз инъикос ёфтааст. Агар кас мўшикофона таваљљуњ кунад, дар оѓози ќисса лањзањои дигаре тасвир шудаанд, ки оњанги зиндагизо ва шодоб аз ишќи нусратбахшу рўњафзояндаи Файзуллоњу Соимаро фаро гирифтаанд. Яъне, оѓоз ва

ти ў гузошт. Бемор панљањояшро ба мушт табдил дод. - Маро мешунавї? - нахустин бор буд, ки Соимаро "ту" мегуфт. Ѓунчаи лабони бемор оњанги шукуфтан менамуд, аммо чашм во накард. Шояд ў худро њамроњи ёри бачагии хеш дар ќаламрави кишвари Ишќ медид. Оё худро канизи беминнати он шањриёр медид ё шањбонуву шањдбонуи он ёри ширингуфтор? - Маро бубахш, ки бехабар мондаму љавонї кардаму бељуръатї. Ману ту побанди русуми бобої

ЌАЛАМЕ, КИ ИРОДАТУ МУБОРИЗА МЕОФАРАД

(Андешањо перомуни китоби ќиссаву њикоёти Марямбонуи Фарѓонї "Шањболи хаёл")

танї буруз кардаанд. Фарзи мисол, рў биёварем ба ќиссаяке бо номи "Ишќи аввал", ки дар радифи асарњои "Таманно", "Ман чунин девонаам" ва њикояњои "Санги соњибном", "Ману ишќи лўлидухтар", "Нолаи шонасарак" тањти як муќова дар "Шањбози хаёл" («Адиб», 2011) љой дода шудааст. Ќисса як њикояти дардолуду ѓамангезест аз рўзгори ошиќони ноком, ки бо гузашти солњо оташи он ишќ на танњо хамўшу сокит нагардидааст, балки пинњону ошкор шўълаи он фурўѓи муассире ба ќалбњои дилдодагони собиќ афкандааст. Нависанда хатти сюжетро тавре тарњрезї кардааст, ки дар нигоњи аввал хонанда пай намебарад, ки тамоми воќеот мањз дар атрофи зане бо исми Соима давр мезанаду љараён меёбад. Адиб тасвиру наќли њодисотро аз љониби ќањрамони асар - Файзуллоњ роњандозї намуда, ба оњистагї ба њадафи аслї наздик мешавад. Аммо на дар оѓоз, на дар байн њељ њарфе аз нигоњи Соима - ин духтараки замоне дилбару раъно ва талошманд ва дар роњи татбиќи орзуву њавасњояш собитќадаму устувор, ки ишќи Файзуллоњ барояш муттако ва сипари бало аз њама гуна мураккабиву душворињост ва љамеи мушкилотро барояш дастрасу осон ва њамвор намудааст, баён намегардад. Риштаи инкишофи воќеањо мањз аз кирдору рафтор ва амалиёти Файзуллоњ, ки низ дилбохтаи Соима асту кулли пирўзиву пешравињои њаёташро аз файзи њамин муњаббати поку беѓаш медонад, тобишу љилои тоза мегирад. Чунин услуби нигориш ва воќеънигории пур аз рамзу роз як тарафи вижаи њунари офаридгории Марямбонуи Фарѓонист. Вагарна вай метавонист, ки шабењи аксари ќаламкашони замон њаќиќати маълум - ишќи ду нафарро, ки дар дења ба воя расидаанду ба ваљњи бељасоратї, риояи урфу анъаноти хонаводагї ва ба умеди мўъљизањои ќазову ќадар ба васли њамдигар расида наметавонанд, бо баёни муназзами њодисањо, як-як раќамзанї намуда, наќл ва гирењкушоии хатти сюжетро бевосита аз забони Соима амалї созад. Нависанда ќолабњои маъмулиро шикаста, аз чањорчўбаи мањдуду якнавохт, ки ба наќли хушк ва муфассалу дилгиркунанда мерасонад, худро канор гирифтааст. Љавњари тасвир ба маќсади нињоии адиб дар

анљоми ќисса рамзе ба худ нињон доранд, ки онро метавон бо ин байти шоир љамъбаст намуд. Њама чиз пирї пазирад, бидон, Фаќат дўстї, к-он бувад љовидон. Таваљљуњ кунед: "… Агар Файзуллоњ ќоил мешуд, ки устодаш ишќ буда, яќинан Шарифзода меранљид. Аз ин рў, "ташаккур" гуфта ба љояш нишаст. Он рўзњо саргарми ишќи Соима буд ин љавони бебок. Худро хушбахти хушбахтњо мешуморид. Аз муњаббат миннатдор буд, ки барояш пирўзї овардаст! Ќариб њар рўз мактуб менавишту мактуб мегирифт. Аз њар лањзаи њаёти донишљўияш номањое менигошт, ки обу ранги бадеї доштанд. Навиштањояш оњанги шеър мегирифтанд. Ў ёри хешро бо тамоми зебоињои олам ташбењ медод. Ва њамон сон мактубњое мегирифт, ки накњати нозуки атри гесувони Соимаро дошт…" (Ишќи аввал. сањ. 15) Хусусияти дигари нигориши Марямбону, чунон ки болотар ишора рафт, офаридани ќањрамони соњибирода ва созанда ба шумор меравад, ки Файзуллоњ бар хилофи амакбачааш Бањруллоњ аз њамин гуна шахсиятњо мебошад. Хабари талху доѓи ба муаллими донишгоњ Мирзо Олимов њамсар шудани Соима ончунон зарбае ба дили Файзуллоњ зад, ки ў роњи рањої аз яъсу афсурдагї ва шикасти рўњиро дар он мебинад, ки ба яке аз шањрњои Русия сафар мекунад. Аммо ин гурез аз худу канораљўї аз ишќи номуродонаву зиндагии ояндаи ќањрамон набуда, балки талошу пайкори садоќатмандона бањри дарёфти саодат ва комгории рўзгори баъдии ўст. Ишќи Соима њама он нерўи хуфтаи Файзуллоњро ба тањрик овардаву бедор сохта, варо ба ќуллаи пирўзиву муњаббат ба зиндагї њидоят месозад. Вай ба корњои дарахтбурї дар шањри Хантимантийск машѓул гардида, баъдтар дар шањраки кўњканњои Норилск фаъолият намуда, охиру оќибат бо хатми факултаи химияву технологияи Донишгоњи давлатии Урал чун мутахассиси шинохтаву барўманд ба ватан бармегардад. Ва њамаи ин муддат нангу номуси ватандорї ва ифтихори баланди миллї номи ўро дар кишвари Русия вирди забонњо мегардонад. Ва дар тасвири адиб њамин гуна як фарди собитќадаму некрой дар назди Соима ва ишќи безаволаш гунањгориву нотавонии хешро мунтањо таслим мекунад, чун Файзуллоњ наметавонист ин "рози сар ба мўњр" ва "туѓёну тўфони гирењзада"ро дар замир нуњуфта дорад. Он њам дар њоле, ки Соима лањзањои вопасини њаёти худро аз сар мегирифт. Мехонем: "… Бо вуљуди коњидани рангу рўйи бемор, ки дар айёми 18-солагї сурху сафеду пуртароват ба сони себи Самарќанд метофт, Соима барои Файзуллоњ њамон буду њамон. "Худоё, љисми мо пир шудаву ќалби мо њанўз кашоли ишќи љавонист", - хиљолатзада аз дил гузаронд вай. Дасти беморро ба даст гирифт ва коѓази чорќатро ба дас-

будем ё бозичаи дасти таќдир, то њанўз наметавонам фарќ кардан. Агар аќли имрўзаам мебуд, љон ба гарав мегузоштаму роње меёфтам…"- давом медод суханашро марди солрафта. Аз ду гўшаи дидагони Соима аранге ашк намоён шуд, аммо чашм во накард." (сањ. 37) Ба як сухан, Марямбонуи Фарѓонї дар офаридани ќањрамонони содиќу вафодор ва ибратангез, чун Файзуллоњу Соима ва манзараи як ишќи заминї, вале дар айни њол безаволу љовидонї, ки аз мавзўоти умдаи адабиёти классики форсу тољик шинохта шудааст, муваффаќ ва комёб гардидааст. Њарчанд сухани наву ноб ва ѓояи љадиди адабиётро кам касоне аз афроди эљодкор баён дошта метавонанд…

Аз мољаро то њаќиќат, ё зиндагиномаи пур аз шебу фарози як зан

Ба аќидаи худи нависанда, адабиёт ва адибро ба њељ ваљњ ба занонаву мардона набояд људо кард. Зеро адабиёти асилро эљодкори асил меофарад, новобаста аз он ки зан аст ё мард. Аз ин рў, тафовут гузоштан дар таълифи асари бадеї, ки инро зан навиштаву тадќиќоти махсус талаб мекунад ё мард офаридаву нуќтаи назари вай дигар аст, комилан иштибоњбарангез бошад. Як бонуи эљодкор, агар воќеан њам соњибистеъдоду ќаламкаш бошад, метавонад осоре пурмуњтавою марѓуб ва хонданї биофарад, ки ќањрамононаш мард бошанд. Ва Марямбонуи Фарѓонї дар эљоди ќиссаву њикоёти хеш, чун нависандаи огоњу мардумшинос, хислату характерњоеро ба риштаи тасвир кашида, ки таљассуму сифатгароии онњо, бешак, истеъдоду ќобилияти баланд, диди санъатварии нодир ва мањорате шигифтангезро таќозо мекунад ва ин бону тавонистааст, ки ќањрамонони асарњояшро дар лањазоти шадиди рўњї, азобу мољароњои тасаввурнопазир ва њатто навмедињои бузургу хавфи бар боди фано рафтану мањв шудани онон табииву њаќиќатнигорона ва некбинона нишон бидињад. Ќањрамони румони "Таманно" (ќаблан он дар шакли ќисса таълиф шуда буд), ки аз се дафтар таркиб ёфтааст, њамин гуна занест, ки дар гирдобу њодисањои пурнизову мураккаб ва берањмиву бедодгарињо ва фољиањои гўшношуниди зиндагї афтода, дар силки ба марг мањкумшудагон ќарор мегирад. Имтињону озмоишњои њаёт Таманнои замоне арўси хушрўзу хушбахтро ба кўйи номуродиву дилшикастагињои бепоён мувољењ месозад, ки ў хештанро дар вартаи њалокат мебинад. Вале љасорату ќатъият ва рўњи барозандаи ќањрамон ўро аз афсурдагию парту парешонавзої наљот медињад. Услуби баён ва нигорандагии нависанда дар румони мазкур нирўи тозаву комил ба худ касб мекунад. Дар ин асар хатти сюжет ба се шакл сурат мегирад. Якум, тасвири воќеањо ва инкишофи он бо баёни худи тањкиягар (муаллиф) оѓоз мегардад, дигар, инъикоси вазъи ба амал омада аз забони Таманно ро-

њандозї мешавад ва саввум, наќлу бозгўйи њодисот аз нигоњи ќањрамони дигар Љањон идома меёбад. Ин шеваи гуногунрангии баёну тасвири адиб дар возењу равшан ва бармало сохтани хўю хислат, андешаву олами ботинї ва ањдофи ќањрамонон дар мунљалоби рўзгори пурихтилофу нобасомони даврони мо ба гунаи алоњидаву хоса наќши созгор мебозад. Таманно "мурда"-ест, ки (дили ў аз шиддати баланди љараёни барќ муваќќатан аз таппиш мемонад) дар гўр дафъатан ба њуш меояд ва аз њамон лањза талошро барои њаёт шурўъ мекунад. Нависанда батадриљу ботањаммул Инсонро ба љараёни таѓироту дигаргунињои ољилии ба зуњуромада, ки ба хотири манфиату суди бештар ба даст овардан дар зиндагї ва нигоњ доштани обрўву маќом ва нуфузу манзалати хештан аз бањри наздиктарин пайвандашон мебароянд, ба тасвир мегирад. Зимни баёни муфассалу бавусъати воќеот Марямбонуи Фарѓонї нишон медињад, ки Њазрати Инсон, чунон ки гузаштагони фозилу фарзонаи мо таъкид кардаанд, "аз мукофоти амал эмин нахоњанд монд" ва ё "макун бад, ки бинї ба фарљом бад", ба љазои хеш мерасанд. Дар хотимаи дафтари аввал, ки "Ваќте саг соњибашро нашинохт" номгузорї шудааст, мехонем: "… Воќеан, Таманно дигарбора ба кулбаи нооб��ди Љањон нахоњад рафт. Вай аз рўйи фаросат дарёфтааст, ки ин кулба дигар хонаи бахташ нест. Ў Љањонро њаргиз наљўяд, гапчинї накунад. Ва њељ гоњ надонад, ки Љањони ў дар солњои пурошўб ба чї балоњое гирифтор шуда: хонаву дараш сўхта, зану фарзандонаш ќурбон гаштаву хоњари ягонааш бадному гумном шудааст…" (сањ.64) Як нуктаи дигарро бамаврид аст, хотиррасон кунем, ки дар румон як силсила ќањрамонони дигаре амал мекунанд, ки ба атвори писандидаву афъоли шоёну шоиста дар камолоту тањаввулоти ботинї ва пешрафти одаму оламшиносии Таманно сањми монданї мегузранд. Аз дигар тараф, ин симоњо хотирнишин буда, образи Таманноро пурра месозанд. Нодира, Њамидулло, Љањон, Надим, муаллим Љумъазода ва махсусан, Мая-хола (Марям) аз њамин ќабил ашхос ба шумор мераванд. Дар дафтари дуюм, ки "Саргаранг дар чорсўйи зиндагї" ном гирифтааст, ба услуби бадеии баргардониш, яъне, аз сањнаи дар оинаи нилгун падидор шудани симои Таманно, ўро шинохтани Надим, собиќ њамфакултааш ва наќли он айёму дилбастагињояш ба Таманнои шеърдўсту маънифањм оѓоз гардида, бо ёди даврони бачагию мактабхонии ќањрамон ва зуњури афроди донишманде, чун муаллим Љумъазода ва ёдкарди падару модараш ба поён мерасад. Таманнои ба сабаби зиндабагурї муддате осемасаршудаву миёни мардуми њангомаљўй "Њатуба" лаќабгирифта, Таманнои бесаробон, ки ба ваљњи кашмакашињои бемаънии охирњои ќарни гузашта ва беинсофии аќрабояш бесарпаноњмонда дар њама њолат ба таќдир тан намедињад, иффату назокат ва шарафу порсоии худро нигоњ медорад. Оре, сари худро ба девори бетонї зада, хуншор мекунад, вале аз мубориза барои зиндагии писандида, ки хоси "бандањои дўстдори Худост", даст намекашад. Нависанда низ ба ќањрамони худ, ки аён аст, басе дўст медорад, якдилу якният аст: "…Худоё, ин хоби кобусї кай ба охир мерасад? Кай ў дунёро ба ранги дигар мебинад? Ва ё њар он чї Таманно ба ёд меоварад, дар асл вуљуд доштанд? Воќеан ў духтари Усмон-нонво буд? Модари оќилаву орифааш буд магар? … Оё он лањзањои гуворои арўсиаш низ љуз мањсули хобу хаёл нестанд? Ва ё дунё њамеша ба мисли имрўз буд? Марди тољик аз кай дайюс шуд? Домани зани тољик ягон ваќт ин ќадар нопок буд? … Љавонзан ба як кунљи њуљраи бепалос нишаст. Ва сари бесоњибашро ба девори бетонї задан гирифт…" (сањ.98)

(Давомаш дар сањ.15 )


МАКТАБ ВА ОИЛА 4МАСЪУЛИЯТ

4ТААССУРОТ

ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ИБТИДО МЕГИРАД Маълум, ки ташаккули њар љомеа аз оилаи солим ибтидо мегирад. Оилае, ки муносибати хуб ва њамдигарфањмиву баробарї дорад, метавонад насли солиму накуро тарбият намояд. Њамин аст, ки мегўянд: «Оилаи солим љомеаи солимро ба вуљуд меорад», - зеро асоси устувории љомеаро мањз оила ташкил медињад. Равоншиносон низ аќидае доранд, ки тарбия њанўз аз батни модар ибтидо мегирад. Модар бояд дар ин муддат ба хондани китобњои бадеиву тарбиявї машѓул шавад. Хубгуфториву муносибати њасана бо ањли оилаву њамсоягон модари мушфиќу ѓамхор буданро нишон медињад. Чї хулќу атворе, ки модар дорад, аксари њамон хулќу атвор ба фарзанд таъсир мерасонад ва ба кўдак мегузарад, махсусан, дар давраи њомиладорї. Ин давраи бисёр нозук аст, ки як умр ба фарзандаш таъсиргузор мемонад. Мутаассифона, имрўз дар љомеаи мо тарбия хеле коста гардидааст. Њар рўз тавассути садо ва симо мебинему мешунавем, ки наврасе, љавоне даст ба љиноят задаст, кирдору рафтори аз љодаи инсонгарї берунро ба худ муносиб дидааст. Инњо фарзандони њамон нафаронеанд, ки худ тарбият надоранд ва аз ин рў, фарзандонашон низ дар оила тарбияи хуб нагирифтаанд. Агар дар оила падару модар бо њам рафтори хуб надошта бошанд, кўдак аз онњо њамон кирдорро меомўзад. Маълум аст, ки рафтори зишти падару модар ба ў таъсир мерасонад ва кўдак аз волидайнаш зишткориву бадахлоќиро меомўзад. Баъзењо инро нодида мегиранд

№19 10-уми майи соли 2013

ва дар ин бобат мактабу муаллимро гунањкор мењисобанд, ки наврасону љавононро таълиму тарбияи хуб намедињанд. Њамаи бори гаронро бар дўши мактаб вогузор менамоянд, њол он ки бањри тарбияи фарзанд оила наќши асосиро мебозад. Дар љомеаи кунунии мо волидайн тарбияи асосии кўдакро ба дўши муаллиму мактаб гузошта, худро аз он дур мегиранд. Ба аќидаи онњо, бояд мактаб фарзандашонро тарбия намояд ва тамоми парастиш дар зери назорати мактаб бошад, ки ин нодуруст аст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаи худ ин масъаларо мавриди назар ќарор доданд ва бори дигар таъкид карданд, ки падарону модарон ба тарбияи фарзандашон диќќати махсус дињанд. Њамин аст, ки волидайни баъзе наврсону љавонон дар мактаб чї гуна тањсил кардани фарзандонашон бехабаранд. Намедонанд, ки фарзандашон дар синфи чандум мехонад ва ё роњбари синфаш кист? Дар дарсњо иштирок мекунад ё на? Имрўз чї навишт, чї дарс дошт, рўзи оянда чї дарс дорад? Ба дарс бо тайёрї меравад ё на? Рўзномаи фарзандро тафтиш намекунанд, ки ў њарфе ё ибораеро омўхтааст ё на? Барои эшон бетафовут аст. Пас, чаро њама чизро ба мактаб вогу-

зор мекунем? Бењтар он аст, ки мо худ биандешем, то роњи ба маќсад расиданро пайдо бикунем, на он ки мактабу маорифро гунањкор бисозем. Бояд ќайд намуд, ки Ќонуни "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" имрўз њамаи мо - њам омўзгорон ва њам волидайнро водор карда, ба тарбия ва баъд ба таълими фарзандон, хонандагон саъю кўшиш намоем. Таълиму тарбияи кўдакону наврасон ва њатто, љавонон аз вазифањои муњими падарону модарон ба њисоб меравад. Љомеаи имрўзаи мо таќозо мекунад, ки волидайн фарзанди худро хуб ба воя расонанд ва дар таълиму тарбия заминаи хуб гузоранд. Њар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзандаш шароити созгор муњайё кунад, то насли ў дар оянда чун шахси баркамолу дидадаро ва мењанпараст дар љодањои зиндагї гом нињад. Мутаассифона, имрўзњо шумораи ноболиѓони бадрафтору љинояткор меафзояд. Яке аз сабабњои ин зуњуроти нангин бемасъулиятии падару модарон мебошад. То ќабули ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" њама каммасъулият буданд. Ин ќонун падарону модаронро водор кард, ки дар тарбияи фарзандашон сањлангорї накунанд. Ќонун ваќте ба амал бароварда шуд, ки љомеаи Тољикистон ба он ниёз дошт ва айни муддао шуд. Саида ЃАФФОРОВА, омўзгори забон ва адабиёти тољики мактаби №15-и ноњияи Шоњмансур

4ТАВАЉЉУЊ

ТАЪЛИМ КОРИ ЊАМАГОН АСТ Бузургтарин офаридаи Худованд инсон аст. Ин олами вуљуд, пеш аз њама, ба инсони кўчак - кўдак зебу фар дорад. Аз ин рў, маънии зиндагї дар парваридани насли одамї, рањнамун сохтани њаёт ва зиндагии ў ба олами фарох аст.

Дар даврони гузашта якуми июнро Рўзи байналмилалии кўдакон эълон дошта буданд ва он њамасола ќайд мегардад. Кўдаки имрўза - сарбози оянда, мунодии сулњи сартосарист. Вай њамчунин шоиру олим, муарриху сиёсатмадор, устоди варзишу сарвари ояндаи љумњурист. Ин марзу бум, фарњангу сиёсат, илм, давлату љамъият аз ў ояндаи дурахшонро интизоранд. Дар баробари ин, агар ба атрофамон дурусттар назар андозем, оё метавон таваљљўњи некеро нисбат ба онњо эњсос намуд? Ањволи писарбачаи имрўзаро, мутаассифона, бо навраси солњои аввали навадум муќоиса намудан хеле душвор аст. Аљаб ин ки дардњои зиндагї њам бар сари кўдакони шањрї бор шудаасту њам бар сари фарзандони дењотї. Мошиншўию селофанфурўшї кори љонии бачањову наврасон шуда аст. Агар ин амалро аксарият рўзе ба иљро нарасонанд, гўё чизеро гум кардаанд. Як навъ таъмин кардани маишат, зиндагии оила бар дўши онњо њам афтодааст. Дар баробари он ки бачањои мо аз хурдсолиашон ба мењнат одат мекунанд, хуб аст ва ёрдамчии мутлаќи волидонашонанд, аммо оё аз навигарињои илму техника, омўхтани забонњои хориљї, мутолиаи асарњои бадеї бархўрдоранд? Мутаассифона, мушоњидаю тањлилњо нишон медињанд, ки аз ин ќисми зиёди наврасони Тољикистон бенасибанд. Зиёда аз як миллион нафар ањолии љумњуриамонро бачагону наврасон ташкил додаанд, аммо теъдоди чопи китобњо барои онњо хеле ва хеле кам аст. Асарњои нашршуда њам аз љињати сифат ва њам ороиш дорои нуќсонњои зиёданд, ки завќи кўдаконро бедор карда наметавонад. Ин аст, ки бачањою кўдакон ба ин гуна асарњои бачагона нигоњи бењис доранд. Кўмаки Президенти кишвар дар хусуси чопи китобњои бачагона боиси дастгирист, вале танњо бо њамин ќаноат кардан нашояд. Бештар сањмгузорони мо бояд ба њамин масъалаи муњими рўз ањамияти љиддї дињанд. Чанд нашрияи хусусї, ки ангуштшуморанд, бо теъдоди ками худ наметавонанд талаботи бачањои моро ќонеъ кунанд.

Аввал ин, ки теъдодашон кам, дуввум муаллифонашон аксаран аз пойтахт ва навоњии атрофи он, сониян, нашрияњо дуруст пањн карда намешаванд. Солњои сол аз асарњои педагогии олимони собиќ давлатњои Иттињоди мустаќил ва халќњои олам истифода бурда, иќтибосњо меовардем ва бо роњњои нишондодаи онњо бачањоямонро адаб меомўхтем. Имрўз чї? Фикр мекунам, адабиёти классикии мо дорои бењтарин маводи тарбия аст. Ворид гардидани видеои ѓарбї ба тарбияи насли калонсол, хоса тољикон, зарбаи љонкоњ зад.Ин амал тавассути таппончабозї, милтиќбозї, рустшавакон бо таппонча ва ѓайра ба дили бачањо љой шуд. Баъдтар филмњои детективї, фањшу зўроварї ба фурўш баромаданд. Гўё њељ кори баде њам нашудааст, вале агар даќиќтар назар кунем, намоиши ин гуна филмњо моро ба вартаи нобудї мебарад. Ин њалокат, њалокати бењтарин анъанањои миллї ва даврони гулгулшукуфии Тољикистон - гуманизм (инсондўстї), интернатсионализм (дўстии халќњо) ва оптимизм (хушбинї) аст. Аз ин рў, месазад, ки ба анъанањои ќадимиамон рў биёварем,то ки тарбия дуруст ба роњ монда шавад. Чї бояд кард? Ба назари нигорандаи ин сатрњо, кормандони гумрук, маќомоти ќудратї, бахусус, шуъбањои кор бо ноболиѓони назди ШКД - и ноњияњою шањрњоро водор сохтан даркор, ки сари роњи чунин нопокизакорињоро бигиранд. Мутаассифона, аксари бачањои мактабхон дониши казої надоранд, одитарин раќамњоро љамъу тарњ ё зарбу таќсим карда наметавонанд. Сабаб чист? Ба назари мо, агар аз як тараф, бењавсалагии оилаву мактаб бошад, аз љониби дигар, камсаводии бархе аз омўзгорони синфњои поёнист. Як ќисми волидон, мутаассифона, ба ояндаи фарзандонашон бефарќ менигаранд. Агар аз ин хусус ба онњо дањон кушої, мегўянд: - Эъ, хонда чї мешавад. Ана, ман худам хонда чї шудам? Ёбеду гиред! Агар ба баъзе волидон аз хусуси беодобии фарзандонашон маслињат доданї шавед, љавобашон ин аст: - Мебахшед, муаллимљон, фарзанди ман, њатто, дар пешам чой наменўшад. Бо чунин роњ ин тоифањо сиёсатнок будани худро нишон доданї мешаванд, аммо агар насињатро њангоми дар гирди дастархон ё умуман, њангоми бо њам нишаста суњбат кардан нагўед, кай мегўед? Пас, фарзандон кай таълим мегиранд? Њотами ЊОМИД "Омўзгор"

Хурсандии бародарамро њадду канор набуд. Ў мехост дар 11-умин намоишномаи театрии Олмон дар Тољикистон иштирок намояд. Ваќт њам фаро расид. Банда бо ањли оила барои дастгирии бародар ва тамошои намоишнома рафтем. Толор аз тамошобин пур буд.

МАКТАБИ PASCH: ТОЛИБИЛМОНИ ТОЉИК СОЊИБИ ЉОЙИ АВВАЛАНД Толибилмонро бо кафкўбињои пурмављ истиќбол гирифтанду онњоро њаяљон фарогир буд. Намоишнома бо забони олмонї гузаронида шуда, дар он беш аз 10 гурўњи театрии мактабњои гуногун, донишгоњу донишкадањо ва макотиби махсуси омўзиши забонњои хориљии шањри Душанбе ширкат варзиданд. Аз ин рў, миёни толибилмон раќобати зиёд буд. Новобаста аз ин, хонандагон тавонистанд аъзои њакамонро бовар кунонанд, ки љойи намоёнро ишѓол хоњанд кард. Њамин тавр њам шуд. Мактаби тањсилоти миёнаи умумии №28 ѓолиб дониста шуда, хонандагон бо ифтихорнома ва тўњфањои хотиравї сарфароз гардонида шуданд. Баъд аз анљоми намоишнома бо муаллимаи ѓамхору мењрубон Гулсара Мањмадбекова, устоди забонњои олмонї ва англисии мактаби мазкур њамсўњбат шудам, ки мегўяд: - Намоишнома бо ташаббуси Донишкадаи Гётеи шањри Мюхени давлати Олмон ва шўъбањои худ дар шањрњои Тошканд, Хуљанд ва Душанбе - Ташкилоти Олмон оид ба мубодилаи академии фестивал (ZFA) ва Мактабњои PASCH: шарикони оянда (Schulen: Partner der Zukunft) баргузор шуд. Намоишнома бо маќсади боз њам такмил додани забонњои хориљї, бахусус олмонї доир гардида, дар он аз мактаби тањсилоти миёнаи умумии №28, гурўњи театрии "Всезнайка" ("Њамадон") иштирок намуда, намоиши хурди мањсули эљодии худро бо номи "Чї? Кай? Дар куљо?" пешкаши табошобинон карданд. Дар якљоягї бо кўшишу талоши хонандагон тавонистем љойи аввалро соњиб шавем. Бояд гуфт, 5 сол аст, ки мактаби мазкур бо шўъбањои Донишкадаи Гётеи Олмон дар Тољикистон њамкорї дорад ва имсол 5- солагии онро љашн хоњем гирифт. Њамчунин, бо дастгирии Сафорати Олмон дар Тољикистон њамасола хонандагони синфњои 7 - 11 тариќи имтињон ба давлати Олмон фиристода мешаванд, ки барои сайќал до-

дани забони олмонї имкони хубест. Айни њол мо њунару истеъдоди забономўзии толибилмонро сабти овоз ва ба навор гирифта, барои иштирок дар лоињаи кўтоњ омодагї мебинем, - афзуд Гулсара Мањмадбекова. - Тибќи Ќарори Президенти љумњурї аз 4 апрели соли 2003 "Оид ба такмили тањсил ва омўзиши забонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон" Њукумати љумњурї Барномаи давлатї "Оид ба таълим ва омўзиши забонњои хориљї барои солњои 2004 - 2014" - ро љорї намуд, ки дар доираи он барои рушди забономўзї дар кишвар сањм мегузорад. Барнома натиљаи хуб дода, чанд сол аст, ки толибилмон дар чунин намоишномањо љойњои намоёнро ишѓол карда истодаанд, ки барои тайёр намудани кадрњои баландихтисос мусоидат мекунад. Хамчунин, дар наќша аст, ки барои ворид сохтани забони олмонї ба рўйхати озмунњои љумњуриявї ба Вазорати маорифи љумњурї дархост хоњем кард, - иброз дошт Гулчењра Ѓаниева, директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №28-и шањри Душанбе. Албатта, чунин намоишномањо бањри боз њам рўњбаланд сохтани хонандагон ќулай аст ва мо - волидайнро низ мебояд дар якљоягї бо устодон фарзандонро дастгирї намуда, тавонем барояшон ояндаи дурахшон бисозем. - Мутаассифона, бештари волидайн дар тарбия ва таълими фарзанд беањамиятї зоњир мекунанд. Барои онњо рўзњои шанбе дарњои кушод эълон намудем. Хуб мешуд, њафтае як маротиба њам бошад, аз таълиму тарбияи фарзанд бохабар бошанд. - гуфт Гулчењра Ѓаниева. Дар њаќиќат, тавре мушоњида мекунем, хонандагони мо бештари ваќти худро бењуда мегузаронанд ва ба хондани китобњои бадеї кам машѓуланд. Аз ин рў, мебояд бо њам онњоро назорат кард ва насли солим ба воя расонид, то тавонем дар ободии Ватани хеш сањмгузор бошем. Оњистамоњи ВАФОБЕК

4ТАКМИЛИ ИХТИСОС

БОЗОМЎЗЇ ДАР ЛИТСЕЙ

Тибќи наќшаи Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар литсейи касбии политехникии раќами 44 - и шањри Хуљанд курси 18 - рўзаи омўзишї барои устоњои таълими истењсолии литсейњои касбї - техникии вилояти Суѓд барпо гардид. Тўли се њафта 19 нафар устои таълимї - истењсолии муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии вилояти Суѓд аз устодони ДЉТИБКСМ доир ба масъалањои вобаста ба таълими ибтидої сабаќ гирифтанд. Дар сурат: лањзаи омўзиш дар литсей.


ТАЪРИХ

№19 10-уми майи соли 2013

49 МАЙ-РЎЗИ ЃАЛАБА ДАР ЉБВ …Солњои душвори Љанги Бузурги Ватанї ва мењнати сахту вазнини аќибгоњ барои халќи тољик дар баробари њамаи халќу миллатњои давлати собиќи Шўравї имтињони сангин ба шумор меравад. Дар хусуси ќањрамонии фарзандони Тољикистон 57 нафар Ќањрамонони Иттифоќи Советї ва 260 њазор нафар фиристодагони Тољикистон китобу достонњо ба вуљуд омадаанд: дањњо шеъру ќисса ва филмњо дар хусуси корномаи мардуми тољик, алалхусус, фидокории занону духтарони тољик дар аќибгоњ таълиф ва тањия шудаанд. Агар Эргаш Шарифов, Домулло Азизов, Њодї Кенљаев, Фатњулло Ањмадов, Сафар Амиршоев, Исмоил Њамзаалиев, Чўтак Урозов, Исмат Шарифов, Николай Аникин, Њайдар Ќосимов, Рањимбой Рањматов, Неъмат Ќарабоев, Тўйчї Эрйигитов, Урунбек Яъќубов, Серафим Янковский, Саидќул Турдиев, Тўйчї Назаров дар "майдони набарду бўйи хун" сина сипар карда, душманони ѓаддорро ронданд ва љони хешро дар роњи истиќлол, шарафу озодї ва саодати халќамон нисор карданд, садњо, њазорњо занону духтарони

ЌАЊРАМОНИИ ХАЛЌИ ТОЉИК

тољик дар аќибгоњ, дар колхозу савхозњо, майдони пахта, фермањои чорводорї ва муассисањои истењсолї корномаи бемисл нишон доданд. Аз ѓалабаи оламшумули таърихї-9 май, озод гаштани халќњои олам аз юѓи фашизм наздик њафтод бањори нусрату шодмонии башарият паси сар шуд, лекин корномаи Аскарони Советї ва Ќањрамонии фарзандони диловари тољик љовидонист: он давра ба давра вараќгардон мешавад. Дар зарфи њафт дањсолаи њаёти осоишта љангу корномаи Ќањрамонони Иттифоќи Советї (аз Љумњурии Тољикистон) сањифа ба сањифа ошкор гардид. "Њазору як корнома" - и нависандаи љангноманависи тољик Рањмон Сафар далели барљастаи ин гуфтањост, ки корномањои љанговарони тољик дар фронтњои гуногуни Љанги Бузурги Ватанї, ќањрамонї ва љоннисорињои бемисли онон дар хоки Русия, Беларус, Украина, Лањистон, Чехия (Чехословакия), Маљористон, Руминия, пояи Рейхстаг ва Берлин инъикос гаштааст. Ќисса ва китобњои њуљљатї- адабии "Ў мурдан намехост" (Сафар Амиршоев), "Фарзанди диёри ман" (Домулло Азизов), "Ќањрамони Вахш ва Днепр" (Саидќул Турдиев) дар бораи пайроњаи љангї ва корномаи диловарони тољик њикоят мекунанд ва омўзгорони фанни таърихи литсей - интернати Прези-

дентї барои кўдакони болаёќат аз ин китобу асноди таърихї фаровон истифода мебаранд. Охир, ин њама воќеањои таърихии гузаштаи халќи мост. Чи тавр онро наомўзем ва ба насли наврас таълим надињем? Таърих њамеша пухтакор аст, чунон, К - оѓози туро биљўяд аз анљомат. - гуфтааст Лоиќ Шералї. "Дар љустуљўйи ќањрамонњоям" - чунин аст лавња мусаввараи муњим, ки акс ва корномаи љанговарони Тољикистонро тавсиф менамояд ва силсилаи далелњои зиёд ба мо, муаллимони фанњои таъриху љамъиятшиносї, рољеъ ба мењнату муборизаи аљдодони диловару разманда њикоят мекунад. Чунончї, дар таърихи муосир, њангоме ки рољеъ ба корномаи фарзанди далеру ќањрамони тољик - Чўтак Урозов, љасорату шердилии вай њангоми ишѓол намудани баландии 144 сухан меравад, толибилмон ва наврвсон - шогирдони синфњои болоиро ин ќиссаи муассир ба ваљд меоварад. 19 июли соли 1944 Чўтак Урозов корномаи љангї нишон дод ва душманро аз ќитъае, ки њимоя мекард, гузаштан намонд. 24 марти соли 1945 фарзанди шарафманди миллати тољик Чўтак Урозов бо унвони баланд Ќањрамонони Иттифоќи Советї мушарраф гардонида шуд. Шаъ-

МУАММОИ "ЃАЛАБА"

(Ин муаммо ба 68 - солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї бахшида шудааст) 1. Нависандаи тољик, шањиди ЉБВ. 2. Арбоби њаракати коргарии Испания ва байналхалќї, ки писараш - Рубен дар мудофиаи Сталинград њалок гардид ва соњиби унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї шуд. 3. Мафњуме, ки ба ягонагї даъват мекунад. 4. Дарёе, ки соли 1943 яке аз муњорибањои калонтарини ЉБВ дар он ба вуќўъ пайваст. 5. Ќалъае, ки байраќи ѓалаба (с. 1945) ба он овехта шуд. 6. Шахсияти таърихї, ки устод Айнї ўро "Чингизи асри ХХ" номидааст. 7. Воситаи техникие, ки аз муваффаќиятњои љанговарони Шўравї хабар медод. 8. Шањр дар Федератсияи Россия, ки соли 1943 аз немисњо озод карда шуд. 9. Шањри ќањрамон. 10. Дарёе, ки Неъмат Ќарабоев пас аз тир хўрдан дар он њалок гардид. 11. Адиби љангноманавис. 12. Њаммаънои калимаи окоп. 13. Ќањрамони "Достони марди њаќиќї" - и Б. Полевой. 14. Романи адабиёти тољик, ки мавзўяш ЉБВ аст. 15. Подоши корнамоињо дар ЉБВ. 16. Миллати саркардаи ЉБВ. 17. Шањре, ки муњорибањои шадидро (с. 1943) аз сар гузарондааст. 18. Лањзаи вохўрии иштирокчиёни ЉБВ баъди чандин солњо. 19. Њаммаънои муќобилият. 20. Мошини љангї. 21. Ихтисораи русии ибораи командири баталон. 22. Иштирокчии ЉБВ, Ќањрамони Иттифоќи Шўравї. 23. Шањре, ки аз муњосираи душманон озод карда шудааст. 24. Солдат. 25. Исми бобе аз достони "Сурўши Сталинград". 26. Ќањрамони Иттињоди Шўравї, тољикписар. 27. Макони дўстдоштаи њар кас. 28. Муродифи вожаи нанг. 29. Ќасам хўрдан. 30. Муродифи љасур. 31. Истилоњи илми њарбї. 32. Як навъ яроќи оташфишон. 33. Муродифи тарѓибот. 34. Металли химиявї, ки ќисме аз олати љангї ва воситањои њарбї аз он сохта мешавад. 35. Тамѓаи мошини сабукрави хориљї. 36. Тамѓаи автомат. 37. " Солдат" - и ќуввањои Флоти Бањрї. 38. Шакли танњои вожаи муњофизат. 39. Њатмї њисобидашуда. 40. Повести П. Толис. 41. Лашкаркаши бузурги Фаронса. 42. Исми Ќањрамони Иттифоќи Шўравї, тољикписар. 43. Фасле, ки соли 1943 немисњо ба ЉБВ шурўъ карданд. 44. Ќањрамони повести "Ривояти суѓдї" - и С. Улуѓзода. 45. Шакли љамъи калимаи мулк. 46. Давлат дар ќитъаи Аврупо. 47. Шањри ќањрамон. 48. Артисти халќии СССР, шорењи давраи ЉБВ, ки мардумро аз музаффариятњои љанговарони давлати Шўравї тавассути радио хабардор мекард. 49. Исми маъмулии мардонаи тољикї. 50. *** ва болѓа, рамзи синфи коргар. 51. Сарфармондењи Куввањои Мусаллањи Иттињоди Шўравї, генералиссимус. Мураттиб Њотами ЊОМИД

ну шарафи абадї ба ќањрамони набардњои хунин, ки бар ивази љони хеш њаёти миллионњо одамонро наљот доданд. Ин гуна мисолњои дурахшони корномаи љангии фарзандони ќањрамони миллати тољикро, ки дар солњои Љанги Бузурги Ватанї ба амал овардаанду барои дањњо насли љавонону наврасони љумњурї намунаи ибрат, мояи ифтихор ва мактаби садоќат ба Ватан ќарор доранд, зиёд овардан мушкил нест: Њодї Кенљаев, Сафар Амиршоев, Тўйчї Эрйигитов, Исмоил Њамзаалиев, Фатњулло Ањмадов, Амиралї Саидбеков, Исмат Шарифов, Саидќул Турдиев ба љавонон, ба њазоронњазорон наврасон сабаќи мардї, љасорат, муњаббат бар Ватан, дарси фидокорї нишон додаанд. Табиї, дар китоби таърих (барои хонандагони синфњои болої) корномаи аљдодон ва ќањрамонони љанг омўхта мешаванд: ин маводњо дар забони тољикї (китобњои дарсї) кам нестанд, лозим аст, ки муњаќќиќони мо, муаррихони давраи љанг ва олимоне, ки дар хусуси мењнату муборизаи мардуми аќибгоњ тадќиќот мебаранд, осору китобњо, очерку маќолањои хешро бо забони русї низ бештар интишор медињанд. Имрўзњо, ки ѓалабаи бузургро корномањои ќањрамонон ва љонисорињои шањидони Љанги Бузур-

ги Ватаниро бори дигар ёдовар мешавем, вирди забон кардани номњои неки Ќањрамонони Иттифоќи Советї ва њазорњо нафар шањидони љангњои беамон ва муборизони рањи шарафу озодї фарз асту ќарз. Агар Чўтак Ўрозов, Исмоил Њамзаалиев, Тўйчї Эрйигитов, Саидќул Турдиев, Исмат Шарифов мисли аљдоди диловари халќи хеш -Спитамени шуљоъ, Шераки нотарс, Деваштичи мубориз, Темурмалики сафшикан ва Восеъи бањодур зидди ѓасб ва зулм љангида, размида, номи неки эшон дар сархати таърихи миллат ва китоби хотираи халќ сабт гардида бошад, пас корнамої ва љасорати пањлавони халќи тољик - Ќањрамонони Иттифоќи Советї Сафар Амиршоевро миллионњо одамони шўравї шунидаанд, хондаанд ва тањсин гуфтаанд. Асари "Њазору як корнома"-и Рањмон Сафаров корномаи миллат дар солњои мудњиши љанг буда, тимсоли барљастаи иштироки фаъолонаи халќи тољик дар муборизаи беамони зидди адў ба шумор меравад. Мо, омўзгорон ва устодони литсей - интернати Президентї барои кўдакони болаёќати Љумњурии Тољикистон чунин асарњои ба рўњияи ватандўстї таълиф гардидаро сармашќи кори худ менамоем. Мунаввара ИСМОИЛОВА, омўзгори фанњои таърих ва љамъиятшиносии литсей-интернати Президентї, дорандаи ордени "Шараф"

4ТАРБИЯ

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ ЃАЛАБА Мавзўъ: "Номи ту љовидонист, Ќањрамонии ту безавол аст…" Маќсади дарс: Тарбия намудани хонандагон дар рўњияи ќањрамонї ва дўст доштани Ватан. Назари амиќ ба таърихи ЉБВ ва арљгузорию эњтиром ба њамаи он нафароне, ки бо эътиќод ва гармии дилу ирода бањри пойдории бахту саодат ва сулњу озодї синаи худро сипар кардаанд. Таљњизот: Шиору овезањо, буклетњо, гулњо ва пуфакњои ранга. Гулхани оташи љовид, ситораи панљгўша. Навиштаљот дар рўйи миз: "Шаъну шараф ба ќањрамонони ЉБВ ва кулли онњое, ки дар љанг ќурбон гардидаанд", "Њељ кас ва њељ чиз фаромўш намешавад". Дарс ба ду бахш таќсим карда мешавад: а) Хотираву ёддоштњо дар бораи љанг; б) Ба ёди сарбози гумном. Ва бо суханони Юрий Левитан оѓоз мегардад: а) Дар хусуси њуљуми ањдшиканонаи Олмони фашистї ба ИЉШС б) Суруди "Љангии муќаддас" бо ду забон- тољикї ва русї оњиста-оњиста садо медињад. Барандаи 1: Њар сол рўзи 9-уми май иди бузурге ба сарзамини мо гом менињад. Тантана ва гомзанињои низомї (парад) ба хотири Ѓалаба дар љанг. Барандаи 2: Њељ гоњ шўълаи ахгари он солњои мудњиш дар дили мардум хомўш нахоњад шуд. Мањз љасорату матни халќу миллатњои гуногуни шўравї буд, ки бори вазнини љангро бар дўш гирифта, бар зидди ѓосибони золим ќањрамонона љангида, фашистони хунхорро саркўб намуданд. Ва на танњо онњоро аз хоки ватани пањноварамон, балки тамоми Аврупо берун карданд. Ин ѓалабаву фатњ ба осонї ба

даст наомадааст. Башарият аз вартаи ѓуломї рањо гардид. Аз љониби хонандагон шеърњо ќироат карда мешаванд. Барандаи 3: Дар муњорибањо бањри озодии шањру вилоятњои мамлакати шўроњо дар радифи дигар миллатњо ха-

лќи тољик низ сарбаландона иштирок ва љасорату ќањрамонї нишон додаанд. Хонандагон аз љояшон исмњои Неъмат Ќарабоев, Саидќул Турдиев, Тўйчї Эрйигитов ва дигаронро номбар мекунанд. Барандаи 1: Аз њамдиёрони мо њазор нафар дар ин љанги хонумонсўз љон ба њалокат супурданд, 57 сарбоз унвони Ќањрамони Иттифоќи Шўравї гирифтанд. Мо наметавонем ва њаќ надорем ќањрамонии лочиндухтари тољик Ойгул Муњаммадљоноваю табибон Њайдарова ва Ниёзоваро фаромўш созем. Садои сабти овоз аз маросими ѓалабаи 9-уми май садо медињад. Дарс бо суханњои муаллим ва раќси Шањодат анљом меёбад. Раъно ЌОБИЛОВА, муаллимаи мактаби №89-и шањри Душанбе


МАКТАБ 4ЉАВОНОН ВА ЗАМОН Асри 21 асри пешрафти технология буда, љавонон дар муќоиса бо дигар ќишрњои љомеа бо технологияи иттилоотии муосир бештар иртибот доранд. Дар њамин њол, бархе аз љавонони тољик ба љомеаи навини мо, ки ба шарофати соњибистиќлолии кишвар шароити густурда барои соњибї кардани мероси ниёгон ва боз њам ѓанї кардани он рўи кор омадааст, нигоњи хушбин ва дурбин надоранд. Ваќте ба сафњањои интернет назар мекунем, мебинем, ки бархе аз љавонони мо перомуни соњаи маориф суханњои бењуда ва беасос баён намудаанд, ки ин далели назари воќеъбинона надоштани онњо ба пешравињои соња мебошад.

№19 10-уми майи соли 2013 Сарвари давлат ба љавонон ва ба ояндаи неки онњо бовар карда, изњор менамоянд, ки "…. мо бояд дар замири насли љавон њисси баланди миллї, эњсоси худшиносиву ватандўстї, ахлоќи њамида, сабру тањаммул, омўзиши илм ва касбу њунарњои муосир, љиддияту мењнатдўстї ва эњтироми волоияти ќонунро талќин намоем, то онњо тавонанд дар оянда њамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи љањон муаррифї намоянд". Хушбахтона, љавононе низ њастанд, ки пайваста барои рушду нумў бахшидани соњаи маориф сањм мегузоранд. Аз љумла, хонандагони

МОРО БЕДОРЇ МЕБОЯД

Дар ин замони бисёр њассос, ки бањсу талошњои мафкуравї вусъат ёфта истодаанд, љавононро зарур аст, ки "азми дурусту саъйи комил" дошта бошанд, то ба иштибоњот роњ надињанд. Зеро аќидањое њастанд, ки реша аз берун доранд ва њарчанд ќонун манъ карда бошад њам, бо кўмаки омилњои дохилї љойгоњ пайдо намуда, "олами ѓоявї"-и онњоро махлут месозанд. Њамчунин, баъзе аз љавонони мо ба равияњои гуногуни динї тамоюл доранд ва ба таври пинњону ошкоро дар таблиѓу ташвиќи иттилооти њангомаљўёна ва ѓаразнок кўшиш ба харљ медињанд. Мусаллам аст, ки дар фарњанги исломї маќоми ахлоќ ва тарбияи инсон мавќеи хосаро ишѓол менамояд, аммо сабаб чист, ки баъзе љавонон дар зери ниќоби дин ахборе пањн менамоянд, ки монеи пешравии худашон ва гумроњии дигар љавонон мегардад. Якум ин ки ин тоифа љавонон дониши кифоя надоранд ва ба њар чизе, ки аз љониби "пиронашон" арза мешавад, зуд бовар мекунанд. Сабаби дигар он аст, ки на њамаи љавонон иттилову донишњои аз љомеа ва љањони муосир ба даст овардаро ташхис дода метавонанд. Манзури мо аз ин гуфтањо ин аст, ки љараёнњои мазњабгаро шабакањои васеи худро дар торномањои интернетї низ таъсис додаанд. Дар њафтаномаи "Тољикистон" аз 10-уми январи соли љорї (2013) (№2 (993) навиштаи Фарангиси Фармонро зери унвони "Секс дар њољатхона" ва дар радиои "Озо��ї" матлаби Абдулло Ашўровро зери унвони "Видеои равобити мањрамонаи наврасони тољик дар телефонњо мечархад" (Ozodi.org, 11.01.2013), ки дар асоси кадом як навори видеоии телефонї навишта шудаанд, пешкаши хонандагон гардониданд. Бояд

4МУЛОЊИЗА Дар озмуни хушнависони ноњия дар байни доварон бањс рафт. Яке гуфт, ки њарф, ана, ин тавр навишта мешавад, дигаре даъвои аввалиро рад карда, тарзи навишти хешро пешнињод кард. Њар кас барои исботи фикри хеш далеле пеш меовард. Дар њаќиќат, тарзи навишти њарфњо гуногун буданд. Бояд хотиррасон кунам, ки дар охири солњои 70-уми асри гузашта олимони шўравї тарзи љадиди навиштани њарфњоро пешнињод карданд, ки маќбули кулли омўзгорон, аз љумла, омўзгорони Тољикистон гардид. Ин хат чї хусусият дошт? Он њам зебо буд ва њам тез навишта мешуд, зеро њангоми навиштан даст аз њарф кам бардошта мешуд ё то ба охир расидани калима, умуман, бардошта намешуд. Агар њарфњо ба якбо-

гуфт, ки навиштањои Фарангиси Фармон ва матолиби Абдулло Ашўров хоси фарњанги миллати баору номуси тољик набуда, худ дар байни љавонони мо тамоюл ба рафторњои номатлубро роњандозї мекунанд. Хубтар мебуд, ин "ќаламкашони мањбуб"-и мо аз чопи ин гуна мавод, ки шарафу номуси фарзандони тољикро паст мекунанд, худдорї намоянд ва маводе рўи чоп оранд, ки љавононро ба роњи дурусту њамвор њидоят намояд. Дар робита ба њамин мавзўъ, аз љониби омўзгорони мактаби миёнаи тањсилоти умумии №44-и ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе дар њафтаномаи "Омўзгор" (18-уми январи 2013, №3) вокуниш нишон дода шудааст. Эшон исбот кардаанд, ки манобеи мазкур далели шайъї надоранд ва "ин лавњањои беасос ва тафриќаандоз муносибати бадбинона нисбат ба мактабу омўзгор ва шогирдони баркамоли онњо мебошанд". Пас, љавононро зарур аст, ки дар ин љањони пуртазод роњи дурусту њамворро интихоб намоянд, зеро мањз интихоби дуруст ва иродаи ќавї метавонад инсонро ба маќсадњои гуногуни пешгирифтааш ноил гардонад. Бар замми ин, мо, љавононро, лозим аст, ки барои инкишофи соњаи маориф ба ќадри имкон сањм гузорем, зеро бидуни улуми дунявї рушду нумўи миллат ѓайриимкон аст. Андешаи солим ва дар мизони аќл баркашидашудаи љавонон барои миллати тољик муњим ва муфид мебошад, зеро бахши аъзами кишвари моро љавонон ташкил медињанд. Барои тасдиќи ин фикр як мисоли оморї меоварем: тибќи омори расмии солњои охир дар Тољикистон захирањои корие, ки синнашон аз 20 то 34 аст, беш аз 87 фоизи ањолии аз нигоњи иќтисодї фаъолро ташкил медињад.

мактаб ва донишљўёни макотиби олї дар озмунњо фаъолона ширкат варзида, ба љойњои намоён сазовор мегарданд. Варзишгарони мо берун аз кишварамон дар сабќатњо ширкат варзида, парчами кишварро боло мебардоранд. Тавассути љавонони бомаърифати тољик, ки дар дигар мамолики дунё тањсил менамоянд, Тољикистонро ба хубї мешиносанд ва дар симои ин тоифа љавонон ба мардуми кишвар эњтиром мегузоранд. Солњои охир, љавононе, ки дорои маърифати баланд њастанд, хуб дарк намуданд, ки ба тадриљ ояндаи љомеа ва идораи давлату миллат ба дасти эшон мегузарад ва бо масъулияти баланди шањрвандї устуворона дар љодаи улуми дунявї ќадам мегузоранд. Аммо нуктаи аз њама муњим барои инсон дўст доштани Ватан мебошад, зеро ба аќидаи донишманди тољик Аброр Мирсаидов "муњимтарин омил дар роњи шаклгирии мафкураи устувор, ин рўњияи баланди миллї ва ифтихор аз Ватани азиз мебошад. Ваќте ки љавонон аз ѓояву ифтихори миллї саршор њастанд, дарк менамоянд, ки рушди устувори љомеа ба дўши онњост." Пас, мо, љавононро, зарур аст, монанди дењќоне, ки дар оѓози њар фасли бањор замини корамашро аз сангрезањо пок менамояд, афкори бењуда ва беасоси хешро аз зењнамон пок намоем, зеро мафкураи солим ва нерўњои зењнї ба пешрафту тараќќиёти соњаи маориф ва дар маљмўъ, ба ташаккули кулли љабњањои љомеа мусоидат менамояд. Муллоањмадшоњ ЧУРЃОСИЕВ, омўзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур

ТАЛАБОТ БА ХАТ

рагї бо њам пайваст навишта шаванд, хат хушрў мешавад. Дар њамон солњо дар синфњои русї бо њарфњои пешнињодшуда шогирдон чунон зебо менавиштанд, ки ба пиндоратон, гўё њамаи ин дафтарњоро як нафар китобат карда бошад. Дар мактабњои тољикї низ синфњое пайдо шуданд, ки њамаи хонандагонаш як хел менавиштанд. Имрўз бошад, яке лавњаи (таблисаи) булъаљаби кадом як матбааро асос нишон медињад, дигаре њарфњои алифборо, сеюмї китобњои забони модарии синфњои ибтидої, чорумї китоби забони модарии синфи 5-ум ва панљумї њарфњои муќоваи охири дафтарњои талабагиро. Бародар ва хоњарони азиз,

дасти бачаро аз хурдсолї ба хушнигорию тезнависї одат кунонем, нуран алонур мешавад. Дар китоби забони модарии синфи 5-ум ва дар охири муќоваи дафтарњои кории забони модарї, яъне дафтарњои хаткалон њам алифбои тољикї ва њам русї оварда шудааст, ки ба тарзи тезнависии даврони шўравї монанд аст. Масалан, њарфи "а"-и калон бояд ба якборагї, дастро аз хат наканда навишта шавад, аммо дар дафтари машќи хат њарфи "а" ба тарзи дигар нишон дода шудааст. Хуб мешуд, ки тарзи навишти шакли њарфњои охири муќоваи дафтарњои забони модариро асос карда гирему ба бањсу мунозирањо хотима бахшем. Шакли њарфњои муќоваи дафтар пешнињод карда мешавад: Дуруст аст, ки иддае њарфњоро бо њам пайваст наменависанд, навиштањояшон чопї барин зебост, вале на њар кас соњиби чунин њунар шуда метавонад. Агар шогирдонамон бо њарфњои зуднавис хушхат шаванд њам, чашми мо ва чашмони дигарон аз навиштањои эшон нур хоњанд гирифт. Хоњиши дигари мо ин аст, ки Вазорати маориф ба чопи њар гуна лавњаву таблисањое, ки тарзи навишти њарфњоро ба тарзи номаќбул нишон додаанд, иљозат надињад. Њаким Алї, ноњияи Њисор

4ДАРХОСТ

НОМА БА "ОМЎЗГОР"

Ассалому алайкум, кормандони њафтаномаи дўстдоштаам "Омўзгор"! Барои банда тамошои барномаи "Сайди маънї" аз Шабакаи аввали Телевизиони Тољикистон басо шавќангез аст. Барандаи он шоир, муњаќќиќ ва донандаи ашъори ноб Давлаталии Рањмониён ва олиму адабиётшинос Сайидалии Саид барномаи мазкурро бо тамоми назокату фасоњаташ пешкаши мо, дўстдорони осори ниёгон, мекунанд. Аз шумо хоњиш мекунам, ки дар бораи њаёт ва фаъолияти ин ду нафар марди хирад тавассути њафтанома ба мо маълумот дињед. Бо эњтироми самимї Рањмонќул Зуњуров собиќ омўзгор, Аълочии маорифи Тољикистон, нафаќахўри 68 - сола аз дењаи Обиборики ноњияи Ѓончии вилояти Суѓд. Муњтарам Рањмонќул Зуњуров! Њафтаномаи "Омўзгор" њамеша бо шумост ва кўшиш менамояд, ки њар як андеша ва интиќоди омўзгоронро вобаста ба мавзўњои дахлдори соња ба эътибор гирифта, дар њалли он ба хонандагон кўмак намояд. Вобаста ба дархости шумо мухтасари навиштаи худро пешкаш менамоем. Давлаталии Рањмониён: Понздањуми апрели соли 1965 дар ноњияи Вахш таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоњи миллии Тољикистон солњои 1985 - 1990) буда, фаъолияташро дар ТВТ идома додааст. Аз соли 2001 инљониб муљрии барномаи адабї - фарњангии "Сайди маънї" мебошад. Давлаталї аслан адиб ва муњаќќиќ буда, бештар ба омўзиши адабиёти классикии форсу тољик шуѓл дорад. То имрўз чор китоби ашъораш - "Растахези рўњ" (с. 1995), "Найистон" (с. 1996), "Марзи нисён" (с. 2001), "Навишта дар пари парвона" (с. 2007) ба дасти хонандаи борикбин расидааст. Аз соли 2006 узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон аст. Воќеан њам, барномаи "Сайди маънї" аз барномањои дўстдоштании шабакаи аввали

Телевизиони Тољикистон аст. Чунонки зимни суњбат Д. Рањмониён гуфт, сабаби эљоди чунин барнома кўшидан ба сўйи ганљинаи афкори ниёгон ва мутаваљљењ сохтани мухлисони воќеї ба он, аз љодаи суннат ба сўйи тањаввул хондани ворисони афкори ниёгон, бедор сохтани њисси ифтихори миллї дар заминаи фарњанги воќеии миллат, таъсир ба рушди забони тољикї мебошад. Саидалї Саид (Ўзбеков): Дањуми январи соли 1959 дар дењаи Белайдузи ноњияи Њисор ба дунё омадааст. Соли 1979 техникуми савдои советиро хатм карда, бештар аз сї сол дар соњаи "Тољикматлубот" фаъолият намудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тољики ДМТ мебошад. Дўстдори адабиёти классикии форсу тољик буда, соли 1991 ба узвияти Иттифоќи нависандагони Тољикистон пазируфта шудааст. Муаллифи асарњои "Сафинаи умед" (с. 1989), "Хайр, Манчестер! " (с. 1990), "Парвози охирини лошахўр" (с. 1994), "Тафсири зарнигори валии Ќуръони карим дар назми форсии тољикї" (с. 1995), "Ваќте ки марг њам фаро мерасад" (с. 1996) ва чанд њикояву асарњои дигар аст. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

4ДАСТУРИ МЕТОДЇ

СУХАН АНДАР БОБИ ИДОРАИ МАКТАБ

Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шањри Душанбе китоби нави олимони мактабшинос, доктори илмњои педагогї, профессор Абдулбоќї Нуров ва собиќадори маориф устод Њабиб Искандаровро тањти унвони "Идора ва назорати дохилимактабї" њамчун маводи таълимї ба нашр расонд. Китоби мазкур аз пешгуфтор ва њафт фасл иборат мебошад, ки муњтавои асосии онро масъалањои назорати дохилимактабї, тарзи ташкили назорати дохилимактабї, шаклу усулњои назорат ва идораи дохилимактабї, мушоњида ва тањлили дарс, назорати сифати дониш, мањорат ва малакањои хонандагон, такмил, ташаккул, идора ва назорати муассисањои таълимии тањсилоти умумї ва маќомоти мањаллии идораи маориф, консепсияи назорати дохилимактабї дар иттињодияњои методии муаллимон, низомнома дар бораи назорати дохилимактабї ва наќшаи дурнамои кори мактаби тањсилоти миёнаи умумї дар бар гирифтааст. Чунонки дар пешгуфтори китоб муаллифон зикр кардаанд, "таъминоти моли муассисањо, љараёни таълиму тарбия бењтар шуда, маќоми роњбарони сохторњои тобеи Вазорати маориф, бозомўзї, такмили ихтисос, коромўзї, худомўзии омўзгорон баланд гардид, идораю назорати риоя ва иљрои низоми аттестатсияи мобайнии хонандагон ва љамъбасти хатмкунандагон, аттестатсияи кадрњои педагогї ва аттестатсияи муассисањои соњаи маориф нисбатан бењтар гардид. Њамаи ин масъалаву навгонињо бевосита ва бавосита ба идора ва назорати дохилимактабї мансуб мебошанд". Китоби "Идора ва назорати дохилмактабї" асосан барои омўзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнї ва донишљўёни он тартиб дода шудааст. Аз он ба хубї ва пурра кормандони маќомоти идории маориф, роњбарони муассисањои таълимї, таълимї - методї истифода карда метавонанд. Шодї РАЉАБЗОД, "Омўзгор"


МЕЊРНОМА

№19 10-уми майи соли 2013

4ШАРАФМАНДЇ Дар шањри Кўлоб номи Љумъа Пўлодовро хурду калон бо эњтиром ба забон мегиранд, зеро ў пешоњанги соњаи маорифи шањр ба шумор меравад. Ин марди мењнатдўст аз нисф зиёди умри бобаракати худро сарфи рушди таълиму тарбияи насли љавон кардааст. Љумъа Пўлодов 10 феврали соли 1925 дар шањри Кўлоб ба дунё омада, аз падару модар хеле бармањал мањрум гаштааст. Соли 1940 синфи 7умро хатм мекунад ва худи њамон сол, шавќу њаваси омўзгорї ўро ба даргоњи омўзишгоњи муаллимтайёркунии шањри Кўлоб дар ќатори дигарон оварад, ки ин даргоњро он солњо "Педкомбинат" мегуфтанд.

Донишљўии Љумъаи љавон дер давом накард. Германияи фашистї ањдшиканона ба хоки муќаддаси Иттифоќи Советї ногањон њуљум кард.Дар ќатори миллату халќиятњои дигар, мардону љавонони тољик бањри њимояи Ватани мањбуб як - як бархостанд. Чавонмарди кўлобї, ки дар курси сеюми омўзишгоњи муаллимтайёркунї тањсил мекард, барои муњофизати сарзамини муќаддас ба майдони задухўрд, ихтиёран моњи декабри соли 1942 ба фронт рафт, ки њанўз синнаш ба 18 нарасида буд.Ў аз шањри Кўлоб њамроњи рафиќонаш то ба Сталинобод пиёда омад ва баъдан онњоро ба вилояти Пенза, ноњияи Селенск бурданд. Пас аз гузаштани курси тайёрии њарбї онњоро ба фронти амалкунандаи љанубї- ба сўи Воронеж сафарбар мекунанд.Љумъа Пўлодов дар озод намудани бисёр шањру дењоти сарзамини њудуди Запарожский, Каминск - Подолский, Корсун - Шевченко, Белезовка ва ќисми чапи дарёи Днепр љони худро ба гарав монда, зидди яѓмогарони фашистї мардонавор љангидааст.Вай 17 декабри соли 1943 дар љангњои тан ба тан барои озод намудани Украина аз дасти чапаш ярадор шуда, ба госпитали њарбї бистарї шуд. Пас аз шифоёбї аз нав ба майдони њарбу зарб рафт. Дар љангњои озод намудани шањрњои Днепропетровск, Запороже, Молитопол, Сталино фаъолона иштирок намуд. Ба фронти 4-уми Украина, Маршали Иттифоќи Советї Талбухин фармондењї мекард.Љумъа Пўлодов дар њайати ин фронт дар озод намудани шањрњои Керч, Новороссийск иштирок намуд. Вай дар ин ваќт тирандози полки 283-юми муќобили танкии бригадаи 5-уми гвардиячии артиллерия буд, ки ба он полковник Зубков роњбарї мекард. Ў дар зери роњбарии ин марди шуљоъ, мисли паланг мањмез мезад, ба сони шер ба сўи душмани ѓаддор якбора меѓуррид ва аз яроќаш оташ мекушод. Дар яке

4САДОЌАТ Дар ду-се соли охир бо иштирок ба дарсњои њамкасбонам чунин лаззат набурда будам, самимона ба сухан оѓоз намуд омўзгори собиќадор Гулсара Оќилова. - Ў пањлўњои гуногуни дарси омўзгори љавон Ќаршибоева Зайтунаро тавзењ бахшида, лањзањои алоњидаи дарси забони давлатиро дар синфи 3 "а"-и мактаби №37-и шањри Панљакент бори дигар пеши назари њамкасбонаш - иштирокчиёни семинари минтаќавии омўзгорон намудор менамуд. Зайтуна бошад, пас аз њар як гуфтањои њамкасбонаш "боз њам кўшиш менамоям" мегуфт табассумкунон. Натиљаи зањматњои 2-3-солааш буд дарси имрўзаи ў. Чунон синфро моњирона идора менамуд, ки 24 нафар шогирдонаш гузаштани ваќтро эњсос накарда, дар рў ба рўи муаллимаи њали-

аз њамин гуна љангњои шадиди назди шањрњои Бохчасарой, Джанской, Ялта, Ќрим, Симферопол ва баландии Сапунгара маротибаи дуюм аз дасти росташ маљрўњ гардида, ба госпитали њарбии шањри Шахстаи вилояти Ростови Лаби Дон мефиристандаш ва баъди табобат ўро ба полки тирандозии 721-уми дивизияи 205 фиристода шуд. Љумъа Пўлодов дар набардњои пуршиддати Петрозаводск ба сифати сардори шуъбаи аслињаю лавозимот дар љанг иштирок кард. Вай бо яроќи дурзани худ дар гирифтани шањрњои Кенигсберг, Полша, Германия, Дания ва љазираи Бронхол ширкат меварзад. Дар амалиётњои њарбї ва фронтии Љумъа Пўлодов лањзањои љангї хеле зиёд, њатто бешуморанд. Агар њамаи ин лањзањоро болои коѓаз оварем, китобе хоњад шуд. Љумъа Пўлодов хизмати Ватанро аз декабри соли 1942 то моњи сентябри соли 1948 дар сафњои Армияи Сурх бенуќсон идома дода, бо сари баланду рўи сурх ба зодгоњаш - шањри Кўлоб баргашт. Баъди ба диёраш омадан, соли 1948 курси яксолаи муаллими забони русии шањри Душанберо хатм намуда, дар хонаи бачагони дењаи Тебалай ба фаъолияти омўзгорї оѓоз кард. Соли 1950 омўзишгоњи педагогиро, ки пеш аз сар шудани љанг дохил шуда буд, бомуваффаќият хатм кард ва ба кори педагогї машѓул шуд. Сипас, соли 1952 хонданашро дар Донишгоњи дусолаи муаллимтайёркунии шањри Кўлоб идома дода, баъди хатми он дар вазифањои партиявии вилояти Кўлоб фаъолият намуд. Аз соли 1963 то соли 1966 директори мактаби миёнаи ба номи Шоњин, баъдан директори мактаби ба номи "Байраќи Ленин" таъин гардид. Соли 1970 хизматњои шоёни ўро Комитети партиявии шањр ба назар ги-

ПАДИДА

му мушфиќ њама гўшу њуш буданд. Муаллима гоње "Хаста нашудед, бачањо? Агар хаста шуда бошед, биёед, суруд мехонем…" - гуфта диќќати њамаро ба худ мекашид. Бо лафзи шево ва равони тољикї чунон њарф мезад, ки ўзбекзабон буданашро аксари мењмонон эњсос намекарданд. Иштирокчиёни семинар - омўзгорони фанни забони давлатї як-як ороиши љолиби синфхона, истифодаи аёниятњои худсоз, аёниятњои табиї (сабзавот ва меваљот, сабадњо), нутќи шифоњї ва мањорати шеъргўии шогирдон барин пањлўњои хуби фаъолияти Зайтунаро ба забон оварда, ба ў ањсан мехонданд, барояш дар фазои беканори маърифат ва омўзиш парвози баланд таманно менамуданд.

рифта, ўро директори мактаби ронандагї таъин кард. - Ваќте ки ба ин љо ба кор омадам, ёдовар мешавад Љумъа Пўлодов, дидам, ки ѓайр аз як бинои вайрона дигар чизе нест, ќарор додам, ки корро аз ибтидояш сар кунам. Фавран коллективи педагогї ва ронандагонро љамъ намуда, маслињати корро сар кардем.Дар байни 28 рўз њамаи синфхонањоро пурра тайёр намудем. Якуми сентябр бе ягон камбўдї соли хониши навро оѓоз намудем. Соли 1989 ба Омўзишгоњи навбунёди санъати ба номи Ка-

роматулло Ќурбонов ба сифати муаллими фанни тайёрии њарбї ба кор гузашт. Дар ин боргоњ то ба нафаќа баромаданаш фарзандони мардумро дар рўњияи садоќат ба анъанањои миллї, ватандўстї ва шуљоатнокию далерї тарбия намуда, ба камол расонидааст. Љумъа Пўлодов дар давоми фаъолияти мењнатии беш аз 50 сола шогирдони зиёде тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки имрўзњо дар љабњањои мухталифи шањру вилоят ва љумњурї пурмањсул мењнат мекунанд. Вай барои корнамоињои љангиаш бо 20 ордену медал ва 10 таърифномаи собиќ Иттињоди Шўравї ва Федератсияи Россия сарфароз шудааст. Синни бобои Њољї Љумъа ба 88 сол дакка хўрда бошад њам, љисман нерўманд ва ќавирўњ аст. Падари 7 фарзанд буда, бобои дањњо набераву аберагон мебошад. Айни њол дар њалќаи фарзандону наберагон давлати пирї меронад. Мо ба ин марди шарифи хоксору мењрубон умри бардавому тандурустии комил орзу мекунем. Иди Fалаба муборак, бобои Њољї Љумъа! Шариф АБДУЛЊАМИДОВ, "Омўзгор" Дар роњравњои хубу замонавї орододашудаи таълимгоњ њамроњи сарвари он Дилдора Тилябова ќадам зада аз донишу мањорати хуби ин омўзгори љавону умедбахш сухан мегуфтам. Аз љавоби сарвари дабистон воќиф гардидам, ки Зайтуна хатмкардаи соли 2004-и омўзишгоњи омўзгории ба номи Лоиќ Шералї ва донишљўи ѓоибхони факултаи филологияи тољики ДОТ дар шањри Панљакент будааст. Чорабинии умумимактабии ба Сарќонуни ЉТ бахшидашуда, саропо бо забони давлатї ташкил ва гузаронида шуд ва собит намуд, ки Зайтуна Ќаршибоева идомадињандаи корњои назарраси устодонаш Мавлуда Тилябова, Матлуба Рањматова ва боз чанде дигар мебошад. Абдуљаббор ХАЛИЛОВ, мушовири шуъбаи маорифи шањри Панљакент

4ШАМЪИ ХОТИРА

НАКЎНОМ ЗИСТ

Ваќте сухан дар бораи омўзгорони асил, шоиста, инсонњои шариф донишманд, наљибу хоксор ва поку беолоиш меравад, пеши назари кас бевосита симои зебои омўзгори зиндаёд Абдуќодир Шоњмуродов љилвагар мегардад. Устоди зиндаёд мисли машъале буданд, ки худ чун сўхта ба шогирдон ѓизои маънавї мебахшиданд. А. Шоњмуродов 16-уми январи соли 1959 дар оилаи омўзгори асил Муњаммадамин Шоњмуродов дар дењаи Виткони Кўњистони Мастчоњ чашм ба олами њастї кушодааст. Устод пас азх хатми мактаби миёнаи №3 соли 1975 ба Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Душанбе ба номи устод С.Айнї дохил шуда, онро соли 1979 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тољик хатм намудааст. Аз соли 1979 то соли 2003 дар мактаби №3, аз соли 2003 то вопасин рузњои њаёт дар литсейи №2 ба номи Њољихон Муњаммадиев аз фанни забон ва адабиёти тољик ба фарзандони зањматкашон таълиму тарбия додаанд. 27-уми ноябри соли 2012 теѓи марг риштаи умри шахсеро бурид, ки тамоми умр бо кори омўзгорї ва рузноманигорї машѓул буд. Устоди зиндаёд њанўз аз рўзњои аввали ба кори пуршарафи омўзгорї шурўъ намуданаш њамчун муаллими њалолкору њалиму хоксор ва донишманди асилу рўзноманигори оташинсухан сазовори њурмату эњтиром ва мањбубияти шогирдон, њамкорон ва ањли љомеа гардида буд. Бинобар ин, хурду калон ба он кас «устод», «бобои Мулло Абдуќодир» - гуфта мурољиат мекарданд. Сарфи назар аз дониши мукаммалу мартабаи шоистае, ки дошт, аз хоксортарин ва фурўтантарин ашхос мањсуб мешуд. Ба хурду калон муносибати яксон дошт, кўшиш менамуданд, ки пеш аз мусоњибонаш ба ў адои салом намояд, дар аёдати беморон таъхир намекарданд, њар мусофире, ки аз сафар бармегашт, аввалин шуда ба зиёраташ мерафт, њар шахсе, ки аз олам мегузашт, ба љанозааш рафта, то сари ќабр гуселаш мекард ва аз мо талаб менамуд, ки чунин амалњои некро адо намоем. Мисли нурњои хуршед њар як мањфилро гармию рўшної ва зебу оро медод. Устод ба маънои томаш муаллими забон ва адабиёт буд ба ин касби худро ба дараљаи аъло медонист. Аз адабиёти классик ва муосири тољик огоњии комил дошт, дар лањзахои муносиб ё худ зарурї аз ашъори шоирон ва порчањои насрии нависандагон иќтибос оварда, фикру андешањои худро таќвият медод, баъдан аз тамоми нозукињои илми забоншиносї бохабар буда, фикрашро ба забони адабии тољикї чунон баён мекард, ки сомеон њамеша гуш ба њарфаш медоданд. Бо вуљуди пешаи худро ба дараљаи аъло донистан њамеша меомўхт ва бо истифода аз адабиёти илмию бадеї ва методї ба њар як дарс бо омодагии пешакї ворид мешуданд. Дар баробари ин аз шогирдон серталаб буданд. Аз шогирдон талаб менамуданд, ки бештар аз эљодиёти адибони тољик шеър њифз намоянд. Њатто, дар рўзњои истироњат ва рухсатии мењнатї будан њам, аз омўзиш даст намекашид. Њамеша китобе дар даст машѓули ќироат ё навиштан буд. Устоди зиндаёд шогирдонашро барои поку беолоиш нигоњ доштани забони модарї ва асолату шевоии онро њифз намудан даъват мекарданд. Барои таълими забони тољикї 1 соат пешбинї шуда буд, ки аз ин устод њисси нигаронї дошт. Ин аст, ки "Забони давалатии 1-соата" дар яке аз рўзномањои љумњурї маќола чоп карда, чунин изњори аќида карда

буд: "Забони тољикї дар радифи забонњои ўзбекї, ќирѓизї, туркманї ва ѓайра ќарор дорад ва дар мактабњои Тољикистон баробари он забонњо 1 соат таълим дода мешавад, ки ин љуз носипосї ба забони давлатї чизи дигаре нест". Соли дигар бо шарофати маќолаи устод соатњои таълимии забони модарї зиёд гардиданд. Њангоми бањодињї ба дониши хонандагон ба меъёри бањогузорї риоя мекарданд ва аз омўзгорони љавон талаб менамуд, ки бањоро хор накунед, ба дониши хонандагон воќеъбинона бањогузорї намоед! Эшон дар баробари фаъолияти омўзгорї ба навиштани хабару маќолањои илмиву методї машѓул буд, зиёда аз 50 маќолаи устод дар рўзномаву маљаллањои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявї чоп шудаанд.Њамчунин бо ќалами устоди зиндаёд рисолае дар бораи Луќмони Њаким ба ёдгор мондааст. Тобистони соли 2012 њангоми сафар ба шањри Душанбе ба олими љавон ва сардабири маљаллаи "Маорифи Тољикистон" Шодї Шокирзода вохўрдам. Шокирзода иброз дошт, ки бародаратон маќолањои хуб менависанд, чандтои онро мо чоп намудаем. Ба муаллим расонед, ки фиристодани маќолањои худро ба унвонии маљаллаи мо фаромўш накунанд. "Ман хоњиши Шокирзодаро ба устоди зиндаёд расонидам ва он кас изњори миннатдорї намуда хело хушњол гардид. Муаллими шоистаи љумњурї шодравон Холиќбердї Умаров ки нисбати бародарам њаќќи устодї доштанд ба маќолањои навиштаи шогирдонашон чунин бањо дода буданд: "Маќолањои навиштаи Муллоабдуќодир олимона мебошанд" Сармуњаррири рўзномаи "Паёми дўст", рўзноманигори варзидаи љумњурї Мирзоњамдам Шарифзода ба хонаи устоди зиндаёд омада, ба ањли байти он кас чунин иброз доштанд: "Хабари марги омўзгор-рўзноманигор А.Шоњмуродов дўстону њамкасбонро ѓамгин кард. Шахсе ин дунёро падруд гуфт, ки тамоми умр рўзї аз нўги килк пайдо мекард. Ў бо хабару маќолањои пурмуњтаво дар матбуоти даврї фаъолона иштирок мекард. Агар мо дар бораи хислатњои њамидаи шодравон њар ќадаре, ки нависем, шабу рўз камї мекунад ." Устоди равоншод зиндагиро дўст медошт ва ин нуќтаро дар маќолаи "Ташнаи зиндагї ва ошиќи њаёт" чунин ба ќалам дода буд: "Кас бояд зиндагидўст шавад. Бинобар ин, як дами њаёти наќдро ба некї гузаронида, рўзњои гузаштаро андеша накарда, аз оянда натарс. Аз њодисаи замон, з-оянда матарс, В-аз њарчї рассад, чу нест поянда матарс. Ин як дами наќдро ба ишрат бигзор В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс. Лањзае пеш аз фаро расидани марг устоди равоншод ба фарзандонаш чунин васият кард: - Нисбати њамдигар боэњтиром бошед, бо хешу таборон, њамсоягон, њамдиёрон дўстиву рафоќатро мустањкам кунед. Ёди бародари хирадманд ва омўзгори мумтоз њамешагї дар дилу дидаи ањли байт, шогирдону дўстон ва њамкорон боќї мемонад. Аз Худованди барњаќ таманнои онро дорам, ки рўњи ин бузургвор шод ва хонаи охираташ обод бошаду дар маќоми баланди љаннат карор дошта бошад. Мањаднабї ШОЊМУРОДОВ, омўзгори литсёйи №2-и Аълочии маорифи ЉТ ноњияи Мастчоњ


ГУЛШАНИ РОЗ 4БА ОЗМУНИ «ТАФСИРИ ЯК БАЙТ»

ШАРЊИ СЕ БАЙТИ ЊОФИЗ

СУХАН ДАР ПАРДА МЕГЎЯМ…

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз, Пештар з-он ки шавад косаи сар хок, андоз. Мо шод аз онем, ки њафтаномаи "Омўзгор" сањифаеро бо номи "Гулшани роз" људо карда, тафсиру ташрењи ашъори шоирони гузаштаамонро мавриди андешаронї ќарор додааст. Инак, чанд андешаи ман. Дуруст аст, ки шоирони адабиёти классикї дар ашъорашон ба маънињои ирфонї сухан гуфтаанд ва хеле пардапўшона. Чунон ки Њофиз мегўяд: Сухан дар парда мегўям, чу гул аз барда берун ой… Дар баробари ин, бузургон суханро тавре суфтаанд, ки дар њар давру замон маънои мувофиќ пайдо карда, ба дили хонанда

4ТАЊЌИЌ Оид ба хусусиятњои забони "Шоњнома"-и Абулќосими Фирдавсї олмон ва забоншиносон бањсу мунозирањои зиёде ба миён овардаанд.

роњ меёбад. Ва касро ба мулоњиза кардан водор месозад, гоњ аз олами фонї ва гоњ олами баќо сухан меронад. Дар мисраи аввали байти боло Њофиз ишора ба њодисаи таърихї карда, ибораи "косаи зар" - ро овардааст, ки ин ибора маънои аслї њам дошта метавонад, яъне, косаи аз тилло сохта шуда, вале ин љо киноя аз сари раќиб аст, ки ќисми берунаш зарњалкорї карда, барои паст кардани оташи ѓазабашон дар он май менўшиданд. Оби тарабнок гуфтани Њофиз ба косаи зар таносуби сухан буда, киноя аз майи сархушкунанда аст (на ба маънои ирфонї). Дар таърих чунин њодисањо дар шаклњои гуногун борњо рўй додаанд. Барои мисол, Отелло (аз намоишномаи "Отелло") аз ѓояти ѓазаб мегўяд: "Эй кош, Касио чил њазор љон медошт, як љони ў ночиз аст". Ё ин ки сари Спитаменро зани хиёнаткораш ба назди Искандар оварда бошад њам, Искандар он занро аз дарбораш пеш кард: аввалан, барои хиёнат карданаш, сабаби дигараш он буд, ки ин амалро барои худ амали нољавонмардона шуморид. Дар мисраи дуюм Њофиз ишора ба фано, бебаќо будани зиндагии инсон, ба хок табдил ёфтани љисми ў карда, аз забони ќањрамони ѓолиб мефармояд, ки ваќт ѓанимат аст ва пеш аз хок шудан дар косаи сари раќиб оби тарабнок (киноя аз май ) бояд рехт. Муњаммад ИБРОЊИМОВ, омўзгори мактаби №33, ноњияи Восеъ

Зи дебову гавњар чу боѓи бањор. Дар байтњои дигар ба маъноњои ѓайриаслї истифода шудааст. Ба маънои авлод: Чунин додаш аз номдорон паём, Ки эй номвар богуњар пури Сом. Бад-ў гуфт Бањром бадгавњар аст, Аз Оњармани бадкуниш бадтар аст. Ба маънои аќл, шуур, донишу хулќ омадааст: Ба фарри каёнї яке тахт сохт, Чї моя бад-ў гавњар андар нишохт

БА ДЕБОВУ ГАВЊАР БИОРОСТА Таснифоти маъноии лексикаи сангњои ороишии "Шоњнома"-и Абулќосими Фирдавсї

Устод Садридин Айнї дар асари худ "Дар бораи Фирдавсї ва "Шоњнома" -и ў" чунин овардааст: "Забони "Шоњнома" соддатарин ва софтарин забонњои классикии Эрон аст". Шарќшиноси олмонї М. Дяконов дар кори тањќиќотияш "Фирдоуси", ки ба њаёт ва эљодиёти шоир бахшида шудааст, дар бораи забони шоир чунин мегўяд: "Забони "Шоњнома" нињоят архаистиї аст. Фирдавсї аз истеъмоли калимањои дар забони форсї хусусияти умумиистеъмолї дошта њаматарафа худдорї менамояд. Аммо дар љойи дигар Садриддин Айнї оид ба истеъмоли калимањо дар "Шоњнома" ќайд мекунад: "Дар "Шоњнома" он гуна луѓатњои форсї, бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрўз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тољикон зинда аст". Ба аќидаи устод Садриддин Айнї такя намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шарќшиноси олмонї М.Дяконов донандаи забони форсии муосир буда, аз нозукињои забони адабии њозираи тољик воќиф нест. Бинобар ин, забони "Шоњнома" - ро архаистї мењисобад. Ба забони њозираи тољик бештар умумият доштани фонди луѓавии "Шоњнома"-ро профессор Е.Э.Бертелс дар асари худ "История персидско-таджикской летературы" ќайд кардааст. Дар натиљаи тањќиќ ва омўзиши забони "Шоњнома" метавон аз тамоми боигарї, њунармандии аљдодони гузаштаи хеш воќиф гашт, зеро дар ин асари таърихї тамоми пањлуњои зиндагї бо нозукињояш худ ба риштаи назм оварда шудааст. Масалан, лексикаи ороишї дар сурати зоњирии ќањрамонњо тасвир шуда, њар яке ифодакунандаи маънои луѓавї мебошад. Мо метавонем ин нуктаро дар мисоли сангњои ќиматбањо тавзењ бахшем. Сарзамини мо макони сангњои ќиматбањо эътироф шудааст ва номи ин сангњо дар "Шоњнома"-и Абулќосими Фирдавсї ба таври фаровон ифода ёфтаанд. Вожањое, ки дар "Шоњнома" оварда шудаанд, аз ќабили гуњар, ёќут, забарљад, лаъл, фирўза, лољувард ва ѓ. њам барои ифодаи маънои ороишї ва њам ба маънои маљозї омадаанд. Оид ба маънои луѓавии вожаи гавњар дар "Фарњанги забони тољикї" омадааст: "Марворид, санги ќиматбањо". Ин сангро барои ороиш ба таври васеъ истифода бурдаанд ва ин маънї дар "Шоњнома" ифода ёфтааст. Санги гавњар барои ороиши мўйи занон, тољ тавќ ва дигар асбобњо зиёд истифода шудааст. Ба дебову гавњар биороста, Ба сони бињиште пур аз хоста. Або ёраву тавќу бо гўшвор,

Ки тундї маро гавњар асту

сиришт, Чунон руст бояд, ки Яздон бикишт. "Ёќут - љавоњироти маъруф ва он чањор навъ аст. Сурх, зард ва сафед ва ёќути сурх њафт лањн бошад, бањромонї, румонї, арѓувонї, дурдї, хамирї, лањмї, љигарї ва кабут" ("Ѓиёс-ул-луѓот", с. 408). Дар "Шоњнома" вожаи ёќут серистеъмол аст. Забоншинос М. Муњаммадиев дар асари худ "Баъзе хусусиятњои лексикии "Шоњнома" калимаи ёќутро чунин шарњ додааст: "Ёќут чун воситаи ороишї, равшанї ва зебу зиннат дар "Шоњнома" серистеъмол аст" (с.45). Дар байти зерин ба њамин маъно омадааст: Зи динору ёќути мушку абир . Зи дебои зарбафт њаззу њарир. Њама пайкараш сурхёќуту зар, Њама зар шуда нопадид аз гуњар. Дар љойи дигар калимаи ёќут бо пасванди -фом омада, њолати рўњї - хурсандї, шодком будан ифода кардааст. Биёмад аз он љойгоњ шодком, Рух аз хуррамї гашт ёќутфом. Дар "Шоњнома" вожаи ёќут дар таркиби иборањо ба маънои маљозии офтоб хеле зиёд омадааст. Ин масъала дар маќолаи забоншинос С. Њалимов њаллу фасл гардидааст: "Дар "Шоњнома" калима, ибора ва таркибњои феълии зиёд дида мешавад, ки онњоро шоир дар тасвири офтоб, тулўи он ба кор бурдааст (с.81). Дар байти зерин баромадани офтоб бо ибораи ёќути зард тасвир шудааст: Дигар рўз чун гунбади лољвард, Бароварду бинмуд ёќути зард. Бељода - санги сурх ва зард, ки хосияти ќањрабої дорад . Дар байтњои шоир бештар ба маъноњои маљозї омадааст. Киноя аз сурхии лаб, сурихии шароб; Ду лаб сурху бинї чу мехи дирам, Ду бељода хандон ду наргис дижам. Кунун њаст лахте чу равшан гулоб, Ба сурхї чу бељода дар офтоб. Фирўза- навъи санги ќиматбањои ороишї аст, ки ранги кабуд ё осмонї дорад. Дар байти зерин ба маънои аслї омадааст: Биёростандаш ба дебои зард, Ба ёќуту пирўзаву ложвард. Дар натиљаи тањлилу тадќиќи лексикаи ороишї маълум гардид, ки ин гурўњи калимањо дар асар ба маъноњои аслї ва маъноњои зиёди маљозї корбаст гардидаанд. Маликноз ЌУРБОНОВА, омўзгори забон ва адабиёти литсейи №1-и ш. Душанбе

№19 10-уми майи соли 2013 (Идома аз сањ 9) Ба пиндори инљониб, симоњои барљастаи Таманною Марямро аз бозёфтњои љадид дар осори бадеии солњои ахир таълифёфта њисобидан њељ љойи муболиѓа надорад. Мањз Марям-хола, ки аз табори чеченњои замони Шўравї ба водии Фарѓона муњољиркардашуда мебошад, ба таќдири минбаъдаи Таманно такони љиддие мебахшад, вайро аз партгоњи њалокатбор ва гумоби маргзои зиндагї рањо месозад. Дар сањифањои охирини асар љанбаи миллї ва оњанги њуввиятхоњї бо тобиши ќавии мантиќї зоњир мегардад. Умуман, консепсияи миллию озодихоњї монои як хати сурх аз байни тамоми навиштањои Марямбонуи Фарѓонї мегузарад. Ин намои волои тасвиргароиро дар лавњањои наќли саргузаш-

ату илњоми офаринандагї будааст. "..Сипас Шањбол ба аршамон хоњад расонд. Он љо ќадањи васл ба сар хоњем кашид. Сарам чарх мегашт, дилам ширин гум мезад. Мањбуби ман паси гўшам бесадо њарфи муњаббат мехонд. Бале, ў беовоз гап мезанад: лабњо баста, ќалбњо ба лањни эњсосот арзи ишќ мекунанд…" (сањ.146) Ва бадбахтона, љунуни эљодкории Гурдофарид аз љониби падару модар ва мардум ба дарди девонагии Барзуи подабон якранг бањо дода мешавад. Аммо мардум њељ фањмида наметавонанд, ки Гурдофарид љунунзадаву мафтуни ишќи эљоду навиштан аст. Ў њамвора дар даст лавњу килк интизори муњаббати рўъёбори хеш рўзро ба шом мерасонад. "… Хоб буд ё хаёл буд? Вале лавњу килки дастам гувоњи њаќиќати њол буд. Куљо рафт ў?

ЌАЛАМЕ, КИ ИРОДАТУ МУБОРИЗА МЕОФАРАД

ти Марям-хола, чї тавр ба яке аз кандњои воњаи Сўхи водии Фарѓона (шањраки Њайдаркон, ки бо салоњдиди Њукумати Шўравї тобеи кишвари Ќирѓизистон гардидааст) муњољир шуда омадани оилањои чечен ва мењру муњаббати амиќаш ба ин диёр, ки мардуми бумиаш тољикон њастанд, даќиќан дида метавонем. Њоло маљоли батафсил андеша ронданро перомуни дилбастагии Марям-хола ба ватани таърихиаш Чеченистон ва хотираи талху ѓамангези ўро аз падару модараш ва гироишу одат карданњои онњо ба зиндагї дар байни тољикони Фарѓона ва самимияту лутфи њаммиллатони моро дар нисбати ин зани хоксору мењнатї надорем, вале аз мутолиаи румон интињо натиљагирї мекунем, ки дили бузург ва љањони мењри бепоёни ин зан тавониста, то як бонуи тољикро бо исми Таманно ба фатњи ќуллаи хушбахтињо рањнамун созад. Мутаассифона, аз љониби ноќидон-и адабиёт дар мавриди осори ин нависандаи хушсалиќа сару садое баланд гардида, ки гўиё навиштањояш "њикоёту ќиссањои мољарої" бошанд. Вале банда, ки њамчун як шахси адабиётдўст тамоми осори бадеии Марямбонуро мутолиа кардаам, бо итминони комил мегўям: чунин "бањо" нисбат ба чакидањои хомаи ин адиби чирадаст ќатъиян нобарљост! Масалан, сохту шакл, мазмуну ѓояи румони "Таманно" фаротар аз он аст, ки иддае аз мунаќќидон мепиндоранд. Нависанда бо тасвири њодисањои ба сари ќањрамони асар омада њаргиз маќсад надорад, ки бо фољиаву дањшатњои рухдода таваљљуњи хонандаи имрўзро ба сањнањои њангомаљўёнаву мољарозои зиндагии як зани бадбахт љалб намояд. Не, билкул ин тавр набуду нест! Њадафи аслии адабиёт тарбияти инсонњои ину он љомиа мебошад. Аз ин хотир, Марямбонуи Фарѓонї рисолати худро њамчун санъаткори дардошно ва асил ба иљро расонидааст. Мазмун, марњала ба марњала, азобу машаќќатњои пушти сар намудаи Таманноро эъљозкорона баён карда, хулоса мебарорад: - Аз ин гуна ќањрамон (зан), ки љабру зулми зиндагї иродаашро шикаста натавонисту бо талошу такопў ва кору пайкори муттасил ба рўзњои нек расид ва номи неку шарафманди "инсонї"-ро доѓдор накард, бояд сабаќи ибрат гирифт. Заифнолию ба ризои њаќ сари таслим фуруд овардан ба њељ сурат инсонро хушбахт нахоњад кард. Чунон ки муаллиф дар анљоми асар байти Хоља Њофизро мувофиќ ба ин гуфта оварда: Чарх барњам занам, ар ѓайри муродам гардад, Ман на онам, ки забунї кашам аз чархи фалак.

Шояд маро интизор аст?.." (сањ.149) Дарвоќеъ, дар њама давру замон шахсиятњои эљодкор ба ваљњи истеъдоду нубуѓи Худодод бањри пирўзии њаќиќату адолат дар талошу мубориза ба зиддияту дасту панља нарм кардан бо шоњону амалдорон ва бадхоњони бењунар рў ба рў гардида, љабру тааддии зиёдеро пушти сар кардаанд ва гоње њам дар ин роњ љони хешро ќурбон кардаанд. Дар ќисса душманони рўњи одамизод - ѓулу девон, албастиву љину балоњо чун образњои рамзї инъикос гардидаанд. Бо тасвири њаракатњои кинситезонаи ин тўдаи махлуќњои хатарзо нависанда ба таърихи пур аз муборизањои халќи тољик ишора мекунад, ки ѓосибони кўчманчї, ки умре дар камин мавриду пайти мувофиќ мељустанд, то ба сарзамини шодобу њосилхези мо ворид гарданд ва ин кишвари сабзу ободро торољу хароб намоянд. Боястї миллат њушёр бошад ва чунин ќуввањои бадхоњ саркўб гардида, ба дур афканда шаванд. Ин афкори рамзї дар хатми ќисса хеле равшану барљаста ва огањмандона таъкид шудааст: "… ман ба сари зини Шањболи симгун хоњам нишаст, ќаламро шамшер сохта, лавњи нурпошро чун сипар дар љанги девону балоњои бељомасар, ѓулони тангчашм, офату гармсерњои тољиккуш ба кор хоњам андохт, корзор хоњам кард, вагарна баргузидаи он ёри паричењра набошам. Маро майдонгурезиву гўшанишинї ор бошад. Меравам ба саргањи Дувахш, он дарѓотро - дастаи мўйи ѓули албастии нобастаро њамчун банди људоиандоз, њамчун тилисми шайтонї бо шамшери адолат аз беху бун ќалам-ќалам хоњам кард…" (сањ.166). Хонанда пас аз мутолиаи асар мутмаин мегардад, ки бо истифода аз унсурњои фолклорї, образњои афсонавї ва ба василаи корбасти рамзу киноя Марямбону тавонистааст рисолати таърихии эљодкорро дар инъикос ва бозгўйи њаќиќати зиндагї сароњатан баён созад. Њарчанд љомеадорон ва афроди љоњилу бадгавњар зањмати эљодкоронро нодида мегиранд ва пайкору зањмати онњоро амали пучу бењуда ва барабасе мешуморанд, њатто, ба њолашон пўзханд мезананд, аз ќавли ќањрамони ќисса девонаашон мехонанд. "…Ором, њељ чиз нагўй, мон, ки инњо корашонро тамом кунанд." Мехоњам гўям: "Ай азизи ман, медонї, ки ман девона наям. Пас чаро инњо дасту поям бастаанд?" "Бигзор, чунин фикр кунанд. Охир, инхо наметавонанд дигаргуна андешанд, чун ба њоли ту наафтодаанд…" (сањ.155.). Ќиссаи мазкур бо фарогирии мавзўъ ва муњтавои ноби худ, корбурди рамзу унсурњои афсонавї сањифаи тозаву љадиде дар адабиёти тољик шуморида хоњад шуд. Тањќиќот дар ин боб пањлуњои дигари ѓоявии асарро ошкор хоњад кард…

(андар боби ќиссаи "Ман чунин девонам") Яке аз ќиссањое, ки дар китоби "Шањболи хаёл" бештар диќќати маро ба худ љалб намуд, "Ман чунин девонам" ном дошт. Аллакай аз пешсухани асар метавон тафаккур кард, ки њадафи мушаххаси адиб аз навиштани ќисса чист? Омадааст, ки: "Худованд ин кишварро аз душман, аз хушксолї, аз дурўѓ нигањ дорад!" (Дуои Доруюши кабир дар Тахти Љамшед) Ба аќидаи инљониб, барои нахустин маротиба дар насри тољик Марямбонуст, ки дар "Ман чунин девонам" услуби рамзу ибњом (символизм)-ро ба шакли комил њадафмандонаю устокорона истифода кардааст. Дар ин асар њар як ашё ба таври њайратангез бори маънии маљозиву ѓайримуќаррариро бар дўш бардоштааст. Ќањрамони ќисса Гурдофарид дар назари аввал амсоли як дилдодаи маљзубу шайдо савори саманди Шањболи сафед дар боли рўъёњо ва хаёлоти афсонавии мавњуму осмонї дар парвоз аст. Баъзе муњаќќиќону мунаќќидон ба асли моњияти асар ва кунњу ѓояи рамзии он нарасида, розу ниёзи Гурдофаридро чун як дилбохтае дар заминаи ишќи башарї маънидод ва тафсир намудаанд, бехабару ноогоњ аз он ки манзури нависанда аз ишќи парии хаёлї муњаббати як дўшизаи эљодкор ба санъ-

Мутолиаи њикоёти "Санги соњибном", "Ману ишќи лўлидухтар" ва "Нолаи шонасарак" дар радифи ќиссањои боло баёнгари онанд, ки дар маљмўъ дар тасвири нависандаи соњибистеъдоди хушкалом њофизаи таърихї, консепсияи фалсафию ѓоявї, оњангњои тањтонии миллию њуввиятхоњї, озодманишї ва инсондўстона, пафоси ахлоќию њикматгарої, ки аз сарчашмаи адабиёти боѓановати классики форсу тољик ва суннатњои адабии он об мехўрад, басо ќавї ва дар маќоми аввал меистанд. Забон ва њусни баёни нависанда ширину равон, пурљозиба ва орї аз такаллуфот мебошад. Љанбањои фалсафї, истифодаи огоњона аз урфу љузъиёти анъаноти мардумї, пухтакорона ба лањзањову воќеъоти асар кор бурдани байту ќитъањои шеърї ва аз забони персонажњо баён намудани афкори ќањрамонон ва дигар аносири эљодї осори насрии Марямбонуи Фарѓониро хушоњанг, љолиб ва таваљљуњбарангез гардондаанд. Сухани шевои адиб ва тасвири њунармандонаи рўзгори инсонњо дар асарњои ў гоњњо ба дараљаи эъљоз расидаанд…

Шукўњу шањомати эљодкор ва ишќ ба лавњу ќалам

Њусни анљом

Шодї РАЉАБЗОД, узви ИЖТ


АНЉОМ

№19 10-уми майи соли 2013

4ЧЕЊРА

МАСЪУЛИЯТШИНОС Инсонњои бомаърифат, парњезгор, соњибназар ва покизаманиш, воќеан њам, ба мисли чароѓњои љовидонї њастанд, дунёи дили моро нуру зиё мебахшанд. Хирадмандон дар ситоиши устуворї ва матонату вафодорї суханони пурњикмат ва баланду дилписанд гуфтаанд њар фардеро, ки бархурдор аз ин њама накухисол будааст. Оилаи Муъминовњоро дар рустоњои ноњияи хушманзару зеботабиати Файзобод њама хеле хуб мешиносанд: њам аз љињати тарзи оиладориву тарбияи фарзандон, њам аз љињати муносибат бо љомеа ибрати дигаронанд. Чењраи хандону забони хуш, дили нарму дасти саховатманд, хулќу атвор, лутфу мењрубонињои њар як узви ин хонадон шоистаи тањсин ва эњтироми умум гаштааст. Хусусан, фарзанди ин хонадон Саидшо Муъминовро, ки дар мактаби раќами 22-и ноњия солњост машѓули таълиму тарбияи насли наврас аст, њамагон мешиносанду эњтиром мекунанд. -Мактаб боргоњи дониш аст, наврасон бояд њар чї бештар ва амиќтар дониш омўзанд, њамеша, њамарўза омўзанд, то рўз ба рўз, донишу маълумоташон густурдатар шавад. Ба ин маънї Низомии Ганљавї гуфтааст: Дониш талабу бузургї омўз, То бењ нигарад рўзат аз рўз. Дар мактаб бояд њама чиз, њар

як амалу машѓулият иртиботманд бо омўзиш бошад, шогирдонро ба донишомўзї њидоят намояд. Дониши хонандагон, шогирдони мо, муаррифгари сатњи фаъолияти мактаб, амиќтараш, омўзгорони он мебошад. Мањз сатњи дониши хонандагон собит месозад, ки устодони онњо чї њунаре доранду то кадом андоза масъулиятшиносанд. Муаллим С. Муъминов низ имрўзњо шогирдони зиёдеро дар рўњияи ватанпарастию хештаншиносї тарбия намуда истодааст, ки дар сохторњои гуногун фаъолият доранд ва ин аз масъулиятшиносиву кордонии устоди мо дарак медињад,- мегўяд мудири шуъбаи маорифи ноњияи Файзобод Л. Абдуллоев. Имрўзњо ин устоди ботаљриба нуктаи муњимтарини Паёми Президенти кишвар Эмомалї Рањмон "Њифзи истиќлолият, давлатдории миллї, асолату њуввияти миллї, амнияту субот ва пешрафту тараќќиёти кишвар аз вазифаи муњимтарини сиёсати дохилию хориљии давлати Тољикистон аст" - ро сармашќи кори худ ќарор дода, бањри тарбияи насли љавон саъю кўшиши бештар ба харљ дода истодааст. Э.ХУШБАХТ, "Омўзгор"

ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии "Маркази барномањои байналмилалї"-и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон озмуни довталабонро барои тањсил дар муассисањои тањсилоти олии Федератсияи Россия аз рўи зинањои бакалавр, магистр, аспирантура дар соли тањсили 2013-2014 эълон менамояд. Довталабон барои ќабул бояд њуљљатњои зеринро пешнињод намоянд: 1. Ариза барои иштирок дар озмун 2. Анкета дар МББ пур карда мешавад 3. Нусхаи шиноснома 4. Нусхаи њуљљат оид ба тањсил (аттестат) бо нишондоди фанњои омўхташуда ва бањои пешрафти хонанда дар нимсолаи дуюм 5. Нусхаи ифтихорнома, сертификат, диплом ва дигар њуљљатњои расмии вобаста ба дастовардњо 6. Нусхаи шањодатномаи таваллуд 7. Маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба бемории ВИЧ/СПИД 8. Маълумотномаи тиббии шакли муќаррарї дар бораи саломатї (086) 9. Шаш дона расми андозаи 3х4 Барои довталабон дар соњаи фарњанг ва санъат доштани њуљљати тасдиќкунандаи сатњи тайёрии номзад дар ин соња њатмист. Довталабоне, ки барои тањсил дар донишгоњњои Федератсияи Россия вобаста ба равияњои санъат интихоб мешаванд, дар донишгоњи ќабулкунанда бояд дубора аз санљиш гузаранд. Довталабоне, ки ба магистратура ва аспирантура њуљљат месупоранд, бояд нусхаи дипломи мактаби олї ва нусхаи дафтарчаи имтињониро пешнињод намоянд. Барои тартиби дурустии кор дар мактабњои олии Федератсияи Россия дар соли 2013 њуљљати тасдиќкунандаи розигии мактаби олии ќабулкунанда зарур аст. Довталабон барои тањсил дар зинаи аспирантура бояд аз рўи мавзўи тадќиќотии илмии ояндаашон на камтар аз дањ сањифаи чопї реферат ва рўйхати маърўзањои чопшудаи худро (агар дошта бошанд) пешнињод намоянд. Довталаб дар њолати зарурї дар мактаби олии интихобшуда маротибаи дигар аз санљиш мегузарад. Њамаи њуљљатњои дар боло зикргардида ба забони русї ё бо тарљума ба забони русї пешнињод мегарданд. Рўйхати довталабон бояд ё аз тарафи сафорати Россия ё аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон пешнињод шаванд. Аз тарафи ду муассиса пешнињод кардани як нафар довталаб мумкин нест. Дар њолати аќибмонї ва хориљ шудани донишљў аз тарафи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барќарор карда намешавад. Барои довталабоне, ки муњлати анљоми мактаби олї аз панљ сол зиёд аст, мактаби олии ќабулкунанда аз рўи ихтисоси интихобшуда санљиши тестї мегузарад. Номзадњое, ки ба донишгоњњо интихоб шудаанд, ба шўъбаи робитањои байналмилалии донишгоњи ќабулшуда аз 25 август то 30 августи соли 2013 њозир шаванд. Таълими донишљўён ва аспирантон ройгон буда, бо стипендияи давлатї таъмин мешаванд. Инчунин, ба онњо хобгоњ низ дар ќатори донишљўёни Федератсияи Россия дода мешавад. Суѓуртаи тиббї бошад барои донишљўёни хориљї дар як сол 250 доллари ИМА буда, аз њисоби шахсии њар як донишљў ё аспирант пардохт карда мешавад. Муњлати пешнињоди њуљљатњои довталабони ќабулшуда: 1. Бакалавр то 10 июни 2013 2. Магистр, аспирант то 15 июли 2013

4ЭЪЛОН

ОЗМОИШИ КАЛОНИ НИЗОМИ НАВИ ИМТИЊОНЊОИ МАРКАЗОНИДАШУДАИ ДОХИЛШАВЇ

Аз 13 то 31-и майи соли љорї дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестї" дар чор минтаќаи љумњурї (шањрњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа, Хоруѓ, Хуљанд) барои хоњишмандоне, ки тибќи эълони пешакї љињати иштирок дар озмуни интихоби маъмурони имтињонњо њуљљат супоридаанд, семинар-тренинги омўзишии якрўза доир менамояд. Семинар-тренинги омўзишї дар асоси модул ва барномаи тањиягардида тибќи љадвали тасдиќгардида (шањри Душанбе - 13-15 май, шањри Ќўрѓонтеппа - 20-22 май, шањри Хоруѓ - 25 май ва шањри Хуљанд - 29-31 май) гузаронида мешавад. Дар анљоми семинар-тренинги омўзишї барои мустањкам намудани маводњои омўзишї ба иштирокчиёни семинар-тренинг видеоролики омўзишї намоиш дода мешавад. Бояд ќайд намуд, ки тибќи эълони пешакї љињати иштирок дар озмуни интихоби маъмурони имтињонњо 268 нафар њуљљат супоридаанд. Баъд аз гузаронидани семинар-тренинги омўзишї дар анљоми рўз озмун гузаронида мешавад, ки аз шумораи умумии њуљљатсупорида 207 нафар барои гузаронидани давраи имтињонњои озмоиши мазкур ба кори мавсимї љалб карда мешаванд. Давраи супоридани имтињонњои Озмоиши калон аз 15 то 22-и июни соли 2013 давом ёфта, маъмурони имтињонњо дар гузаронидан ва идора намудани раванди имтињонњо сафарбар карда мешаванд. Низоми имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї муљањњаз ба технологияи муосир буда, бо маќсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарњуќуќии довталабон ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї тањия гардидааст. Ба озмоиши мазкур 407 тахассус аз 29 муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї ворид карда шудааст. Аз 15 то 30 апрели соли 2013 давраи баќайдгирии хоњишмандон љињати иштирок дар Озмоиши калон дар миќёси љумњурї гузаронида шуд, ки 7122 нафар хоњишмандон аз ќайд гузаштанд. Барои маълумоти муфассал оид ба семинар-тренинги омўзишї ва озмоиши мазкур ба Хадамоти матбуотии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестї" мурољиат намоед. тел.: 222-16-02, 222-17-02 (918) 74-86-14 Сомонаи ММТ: www.ntc.tj Почтаи электронї: info@ntc.tj, psaidov@ntc.tj

ПАНЉ ЛАТИФА

Хандарез - Чо ин ќадар хароб шудаї? пурсид зане аз дугонааш. -Фањмидам, ки шавњарам ба манн хиёнат мекунад. Аз ѓам хароб шудам. -Ин хел бошад, чї худатро азоб медињї?! Аз ў људо шав! -Не, њоло барваќт аст, боз панљ килои дигар хароб шуданам даркор… *** Котиба: -Азизам, чаро занат ба ман бад-бад нигоњ мекунад? Сардор: -Вай худаш њам як ваќт котибаи ман буд. *** Мард: -Агар даъвати маро ќабул ку-

Сармуњаррир:

Ноилшо НУРАЛИЕВ

нед, њамин гўшворњои тиллої аз они шумо мешаванд. Њамсоязан: -Агар янгаам фањмад, чї? Мард: -Он гоњ гўшворњо аз они вай мешаванд. *** Дугонањо суњбат мекунанд. -Медонї, ба хотири он ки ба писарам номи раисро гузоштаам, вай маоши маро зиёд кард!мегўяд яке. -Раиси ман њам маошамро зиёд кард, аммо баръакс, ба хотири он ки ба писарам фамилияашро надињам… *** Зан бе танаффус соатњои дароз гап мезад. Мардро тоќат намонд ва гуфт: -Хайрият, Худо туро радиои "ВЭФ" накардааст, вагарна дар рўи дунё батарея намемонд.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шањодатномаи Ш-МА №004694, ки онро соли 2004 мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 89-и ноњияи Сино ба Абдуллоев Сайфуддин Нуриддинович додааст, беэътибор дониста шавад. Шањодатномаи АВ №043570, ки онро соли 2000 мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 89-и ноњияи Сино ба Назимов Хуршед Суњробович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли №652850, ки онро мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 37-и ноњияи Сино ба Саидов Шарофитдин Сайфуллоевич додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №091817, ки онро соли 1992 мактаби №27-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Ибрагимова Зарина додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №234580, ки онро соли 1997 мактаби №27-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Ибрагимов Собир додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №091680, ки онро соли 2001 мактаби №49-и ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Сафарова Саёњат додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи Т-ШТУ №009248, ки онро соли 2005 мактаби №35-и ноњияи Шурообод ба Саидова Гулчањон Мирзоевна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи БП №348994, ки онро соли 1974 мактаби №10-и ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ба Хакимов Хасан Васиевич додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ПВ №781184, ки онро соли 1987 Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино ба Алимова Лайли Хамрокуловна додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи мењнатии гумшудаи ОТ-1 №1156571 (санаи пур шудан: 18.03.1987), ки ба Алимова Лайли Хамрокуловна тааллуќ дошт, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи АБ №239284, ки онро соли 2000 мактаби №139и шањри Вањдат ба Љабборова Муњаббат додааст, эътибор надорад.

Гурўњи дўстон ба раиси иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми ноњияи Восеъ Њамидов Њикматулло бинобар даргузашти зављааш ЛУТФИЯБОНУ њамдардии амиќ изњор менамоянд. Коллективи омўзгорони мактаби раками 1-и ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе аз вафоти муаллимаи собиќадори таълимгоњ СКУРИХИНОЙ СВЕТЛАНА ЛЕОНИДОВНА андўњгин буда, ба пайвандону наздикони марњум сабри љамил хоњонанд.

Кормандони шуъбаи маорифи ноњияи Варзоб аз марги нобањангоми мудири кабинети методии шуъба ПАЊЛАВОНОВ ИСМАТ сахт андуњгин буда, ба ањли оила ва пайвандони марњум изњори тасаллият мекнамоянд.

Њайати Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, тањрир: М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Почтаи электронї: info@omuzgor-news.tj Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 776 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода


Omuzgor #19 2013