Page 1

Беіин фарди їаіон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст.

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

№ 17 (11878) 26-уми апрели соли 2013

НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЇУМІУРИИ ТОЇИКИСТОН 4БУНЁДКОРЇ

МАКТАБИ НАВ ДАР ВАРЗОБ

6 ДАР

www.omuzgor-news.tj

ИН ШУМОРА:

ДАР ЊАМА МАЙДОН ЗАФАР БОЯД НАМУД

сањ. Дар ноњияи Варзоб бинои нави таълимї дар назди мактаби тањсилоти умумии №1 мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар расми ифтитоњи он муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Руќия Ќурбонова вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов ва раиси ноњияи Варзоб Акбар Ятимов ширкат варзиданд. Мењмононро омўзгорон, хонандагони мактаби навбунёд ва ањли љамоатчигї бо самимият пешвоз гирифтанд. Дар оѓоз Р. Ќурбонова ва Н.Саидов аз синфхонањо, кабинетњои фаннї ва лавозимоти таълимии мактаби мазкур дидан карда, ба сифати корњои сохтмонї бањ ои б аланд доданд. Њамчунин, бо хонандагони синну солу гуногуни мактаб суњбатњо ороста, ба сатњи дониши онњо ошної пайдо карданд. Хонандагон бо шукргузорї аз давлати соњибистиќлоли Тољикистон ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Љумњурии Тољикистон изњори хушнудї аз он карданд, ки акнун онњо дар шароити хеле мусоид тањсили илм менамоянд. Дар љамъомади тантанавї муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Р. Ќурбонова изњор

дошт, ки давлати соњибистиќлоли Тољикистон дар сиёсати иљтимоии худ муносибатњои сифатан нави идоракунии соњаи илму маорифро ба миён гуз ошт . П рез и д ен т и к и шв ар, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон аз рўзњои нахустини фаъолияташ дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро дар љои аввал нињода, онро яке аз соњањои афзалиятнок эълон намуд. Ин навъи гузориши масъала, ки дорои љанбаи сиёсї, иљтимої ва маърифативу фарњангї мебошад, барои рушду нумуи минбаъдаи маорифи кишвар такони љиддие дод. Аз љумла, мактаби нави замонавие, ки имрўз мавриди истифода ќарор дода шуд, идомаи мантиќии ин сиёсати созанда мебошад. Њамчунин, вазири маориф

Н. Саидов таъкид намуд, ки љавобан ба ѓамхорињои Президенти Љумњурии Тољикистон мо, кормандони соњаи маорифро зарур аст, ки љињати таъмини сифати тањсилот ва баланд бардоштани сатњи донишини муњассилин кўшиш ба харљ бидињем. Мавриди зикр аст, ки бинои таълимї дар доираи татбиќи марњилаи сеюми Лоињаи Гранти Фонди каталитикї бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон барои 600 љойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Бино дуошёна ва бо тарњи нави замонавї сохта шуда, дорои 12 синфхона, утоќи директор, хонаи муаллимон, китобхона, утоќи муњосиб ва буѓхонаи марказонида мебошад. Њамаи синфхонањо, аз љумла, синфхонаи технологияи компютерї, устохонаи таълими дузандагї бо асбобу анљоми таълимї муљањњаз гардонида шудааст. Маблаѓи сохтмон зиёда аз 1млн. 600 њазор сомониро ташкил дода, корњои сохтмониро ЉСП "Суѓди СХ" бо сифати баланд ба анљом расонидааст. Ноилшо НУРАЛИЕВ, "Омўзгор"

4ШУКРОНА

КЎШИШ ДОНИШРО МЕАФЗОЯД

Ваќте ки соли 2011 ба ифтихори 13-умин солгарди Вањдати миллї дар маркази ВМКБ шањри Хоруѓ бо ибтикор ва ташаббуси Сарвари кишвар Эмомалї Рањмон кохи илму дониш ва маърифат-муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат" дари худро ба рўи толибилмони доништалаб боз намуд, ман њам аз тариќи озмун ба ин макони муќаддас дохил шудам. Ростї, худро насли нињоят хушбахт медонам, ки дар ин мактаби зебову замонавї аз таълимдињии омўзгорони варзидаву соњибтаљриба илму дониш, дарси худогоњию хештаншиносї, ватандўстию мењанпарастиро гирифта истодаам. Мањз мењнати шабонарўзии устодонам буд, ки дар байни толибилмони мактабњои вилоят барандаи стипендияи Президентї гардидам. Моњи январи соли равон дар озмуни љумњуриявии даставї, ки дар ноњияи Данѓара гузашт, иштирок намуда, аз фанни алгеб-

ра сазовори љои якум ва соњиби медали тилло гардидам. Ифтихормандам, ки вазири маорифи Љумњурии Тољикистон, профессор Нуриддин Саидов медалро ба ман таќдим намуд. Њамаи ин комёбињо ба ман рўњу илњоми тоза бахшиданд. Шукри ин давлату ин сарзамини бињиштосо, шукри Ватани азизам - Тољикистон шукри меъмори Вањдату пешвои миллат, Сарвари азизамон муњтарам Эмомалї Рањмон мекунам. Чаро ки дари дунёи илму маърифатро ба рўямон кушод. Мехоњам, тањсиламро дар ягон донишгоњи байналмилалї давом дода, оянда ба кишвари азизу халќи мањбубам хизмат намоям. Азиз ШАРОФОВ, хонандаи Мактаби Президентї барои хонандагони болаёќати шањри Хоруѓ

2

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

њидоятгари чароѓи ормонњои миллї

сањ.

3

БОТИНУ ЗОЊИР ЯКЕ БОШАД Сурататро чї кунам, гар ту надорї сират, Ки ба як љав нахарам сурати бемаъниро.

сањ.

4

ЊАМА РОЗЇ, РАИС НЕ Ё худ чаро Худоёри Набї дар кори сохтмони бинои мактаб монеа эљод мекунад

сањ.

7

НОНИ ЊАЛОЛИ ОМЎЗГОР

-Ман хушбахтам, ки Худованд ин касби пуршарафро насибам гардондааст. сањ.

8

ТАЪИН Ё ТАЪЙИН? Беш аз панљоњ сол дар ќоидањои имлои забони тољикї њангоми омўзиши њарфи аломати сакта (ъ) ќоидае маъмул буд: "Њарфи ъ дар байни ду садонок (ба ѓайр аз ду калима - фаъол ва таъин) навишта намешавад".

сањ.

10


№17 26-уми апрели соли 2013

ОЛИМПИАДА

4ОЗМУН

беадолатї шуда будааст. Аслан, тамоми озмунњо њамин хусусиятро доранд. Барои исбот онњо нусхаи рўйхати ѓолибонро ба мо нишон доданд. Дар њаќиќат, дар рўйхат миќдори холњои ў дар муќоиса ба холњои Шањбоз Мизробов зиёдтар буданд. Барои мо фањмидани ин муаммо љолиб намуд. Бо модари Шањбоз њамсуњбат шудем. Аз рўи гуфти ў, рўйхати пешнињодшуда беэътибор буда, дониши фарзанди ў доваронро ќоил карда тавониста будааст. Барои равшанї андохтан ба ин масъала ба муови-

Њусни оѓози озмун

Тавре дар шумораи гузаштаи њафтанома иттилоъ дода будем, олимипиадаи љумњуриявии мактаббачагон дар мактаб-интернати солимгардонии ба номи Бобољон Ѓафурови ноњияи Рўдакї бо сабќати довталабони фанњои даќиќ оѓоз гардид, ки он тўли се рўз идома ёфт. Ин њафта дар олимпиада мусобиќаи дониш миёни довталабони фанњои љамъиятї-гуманитарї сурат гирифт. Дар он аз 6 фан 210 нафар довталаб ба њам сабќат оростанд. Дар расми ифтитоњ, ки дар толори ин парваришгоњ сурат гирифт, вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов иштирокдоронро аз номи мушовараи вазорат муборакбод гуфта, ба довталабон муваффаќият таманно кард. Зикр шуд, ки тасмими Вазорати маориф дар мавриди ташкили љараёни олимпї бо маќсади боло бурдани сифати тањсилот ва ба ин васила омода намудани бунёдкорони љомеаи шањрвандї нигаронида шудааст. - Мушоњидањои чандинсола баъзе нуќсонњоро аз љараёни чунин чорабинї ошкор намуданд, гуфт вазир. - Њаракати олимпї имкониятест барои шинохти истеъдодњо, - зикр кард вазир. - Аз ин рў, мо вазифадорем, ки бањри таъмини шаффофияти ин озмун тамоми тадбирњоро ба кор барем. Мо бояд дониста бошем, ки: Зери пойи ањли маънї хор будан солњо, Бењ, ки чун гул бар сари дастори нодон зистан. Нуриддин Саидов изњор на-

Шоми пурфайз

Бегоњи њамон рўз барои шод гардонидани хотири довталабон бо иќдоми вазир шоми базму шеър баргузор гардид, ки дар он шоирони маъруфи кишвар Муњаммад Ѓойиб, Зулфия Атої, Хайрандеш ва Сафармуњаммад Аюбии Мањзун, инчунин ректори Донишгоњи технологии Тољикистон Нуралї Шоев иштирок намуданд. Базмро ровии шинохтаи телевизион Лолахон Сатторї ба даст гирифт. Мењмонон аз чунин вохўрии барояшон ѓайричашмдошт илњоми тоза гирифта, бењтарин суханњо ва ашъори худро ба бачањо њадя намуданд. Чунончи: Зулфия Атої: - Дар ин шоми пурфайз дар ињотаи ин бўстони

ќавї дорад, бо забонњои русиву англисї, урдуву њиндї низ шеъри зиёд медонад. Тавре падараш дар суњбат иброз намуд, ў аз эљодиёти 105 шоир шеър аз ёд кардааст. Нуриддин Саидов таъкид кард, ки барои ба литсейи Президентї шомил шудани Салмон мусоидат мекунад. Нуралї Шоев: -Нуриддин Саидов замони ректории худ њамаи ректоронро даъват карда буд, ки агар мо раќобатпазир будан хоњем, бояд донишљўёни худро аз њамин озмун интихоб намоем. Донишгоњи мо ин даъватро ба хушї пазируфта, барои ќабули њар кадоми шумо, довталабон, омода аст. Шогирдон аз суханњои адибону роњбарони соња рўњи тоза гирифта, ба ќироати шеърњо шурўъ карданд. Аз эљодиёти худ шеър хондани хонандаи мактаби раќами 2-и ноњияи Ховалинг Наврўзи Љамъамурод њамаро ќоил кард. Директори Маркази кор бо мактаббачагони шоиста Шокирљон Гадоев ба њар кадом туњфањои хотиравї таќдим намуд.

Аппелятсия ва…

муд, ки ташкили шаклњои гуногуни олимпиада, хушнависиву Бедилхонї, Њофизхонї ва чанде дигар барои бештар фаро гирифтани хонандагони боистеъдод дар њар маврид мусоидат карда метавонад. -Маќсад њамин аст, ки њаракати олимпї бояд дар тамоми сол идома ёфта, хусусияти оммавї гирад. Ба ќавли Хайрандеш, "Ќалам бояд ягон дам дам нагирад", - гуфт вазир. Таѓйирот дар бобати низоми баргузории шартњо чунин шуд, ки њар довталаб саволномаи тестї ва номгўи кори хаттиро тариќи лифофаи алоњида дастрас намуд. Ибтидо "њуљум"-и аз андоза беруни довталабони "иловагї" хеле нороњаткунанда буд. Вале ин дафъа барои иштироки ин гурўњ зарурат эњсос нагардид, зеро тавре Нуриддин Саидов зикр кард: -Имрўз љомеаи љањонї моил ба омўзиши фанњои даќиќ аст. Тафаккури љомеаи мо, ки характери гуманитарї дорад, аз ин љињат ниёз ба дигаргунї дорад. Ин тартиб бењтарин омил дар таъмини шаффофияти озмун гардид: њам ваќт сарфа гардид ва њам даъвоњои беасос камтар шуданд.

дилосо бо шумо будан бароям хеле гуворост. Аз нигоњњотон, аз чењрањотон пай бурдан мумкин аст, ки озмун дар ин боѓи сарсабз, боѓе, ки нињолони хурду бузург дорад, боѓе, ки њавояш њаловатбахш аст, воќеан шаффоф сурат гирифтааст. Муњаммад Ѓойиб: - Дар назди ин ѓолибон сухан гуфтан хеле мушкил аст. Ваќте ба чењраи ин инсонњо назар мекунед, бовар мекунед, ки ояндаи љомеа обод аст. Сипас, шоир шеъри машњури "Ватандорї"-и худро ба самъи њозирин расонид: Њамон роње, ки поёнаш намедонї, ватандорист. Њамон дарде, ки дармонаш намеёбї, ватандорист… Сафаралї Раљаб, як омўзгори химия, бо чанд намуд бозї, ки ба рушди тафаккур ва зењни хонандагон нигаронида шуда буд, диќќати бачањоро љалб намуд. Хайрандеш, Сафармуњаммад Мањзун ва Лолахон Сатторї низ ба бачањо фикрњои љолиб баён карда, аз ашъори хеш намунањо ќироат намуданд. Дар мањфил баромади хонандаи синфи 1-и мактаби раќами 138-и шањри Вањдат Салмон Саидов басе хотирмон буд. Салмон, ки ќобилияти аљиб ва њофизаи

Рўзи дуюм довталабон бо натиљаи кори худ шинос шуданд. Яке аз натиља ќонеъ, дигаре нигарон, саввумї барои исботи дониши худ даъвогар. Ќисмати зиёди довталабон аппелятсия доданд. Аслан, аппелятсия ва ё шинос шудани њар довталаб ба кори худ ташвиш намеовард, агар ба ин љараён омўзгорону волидони онњо халал намерасонданд. Мутаассифона, ин кор дар шароите, ки аъзои кумитаи тадорукот ва њакамонро фаро гирифта буд, ѓайриимкон гардид. Бо вуљуди ин, аксарияти довталабон на бо маќсади фањмидани камбудии худ, балки бо иддаои худњимоякунї мурољиат мекарданд. (Њатто, аз 50 холи имконпазир 23 хол ба дастовардањо њам даъвогар буданд). Узви њайати њакамон, декани факултети муносибатњои байналмилалї Холмањмањмад Самиев бо нигаронї изњор намуд, ки чунин даъвогарон,хусусан, аз литсею гимназияњо бештар буданд. "Њол он ки бартарии хонандагони мактабњои миёна мушоњида мешуд, -гуфт ў.Аз нигоњи ман, барои њар довталаб варианти алоњидаи кор пешнињод гардад, бењтар аст". Бањси довталабон аз фанни њуќуќ аз њама "муташанниљ" буд. Бачањо яке бо гиря, дигаре бо истодагарї њаќќонияти худро исбот кардан мехостанд. Муњаммадалї Имомов, хонанда аз вилояти Суѓд, довталабона, ѓайри пешнињоди раёсати маорифи вилоят барои њимояи дониши худ аз фанни њуќуќ ба назди мо омад. Ўро падараш њамроњї мекард. Ба гуфти онњо, дар даври сеюм нисбат ба онњо

ни сардори раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова мурољеъ шудем. Ў изњор намуд, ки тибќи ќарори кумитаи тадорукот ѓолиб Шањбоз аст. -Мо дањњо бор Муњаммадалиро фањмондем, розї мешавад, вале боз… - гуфт ў. Зимни вохўрї падари Муњаммадалї ба мо чунин баён кард: -Мо аслан даъвои љои каси дигарро гирифтан надорем. Мехоњем, фарзандамон, ки тўли чор сол омодагї дидааст, ба факултети њуќуќшиносї дохил ша-

вад. Мо имкони бо маблаѓ дохил кардани ўро надорем. Ба падари ѓамхор фањмонидем, ки имрўз роњбарони муассисањои тањсилоти олии касбї худ барои ќабули бачањои боистеъдод завќманданд ва фарзанди ў, агар воќеан, дониши кофї дорад, бе я г о н ма м о н и а т м е т ав о н ад , шомили факултети дилхоњи хеш гардад. Ин маслињатро эшон хуб ќабул карданд. Дар њамин њол падари Муњаммадалї чунин гуфт:- ин кор имкон дорад, ба шарте ки дар донишгоњ њам мисли вазорат адолат риоя гардад...

Шукўњи анљоми озмун

Дар расми анљом вазири маорифи љумњурї Нуриддин Саидов, муовини вазир Тољинисо Мањмадова, сардори раёсати муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї Абдуљаббор Али-

ев, ректори ДЉТИБКМ Латофат Назирова, сардорони раёсати маорифи ВМКБ, вилояти Хатлон, шањри Душанбе, проректори ДМТ, њайати доварон, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Рўдакї (Љумъа Назаров) ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Нуриддин Саидов аз љараёни олимпиада, њусну ќубњи он ва роњњои хуби ташкили кор дар оянда сухан кард. -Албатта, мо ба ин тартибе, ки имрўз мегузарад, ќаноатманд шуда наметавонем, -таъкид кард вазир, -зеро замон назди мо талаботи дигар пеш мегузорад. Њар пешнињоди муњимеро, ки аз тарафи шумо ба мо меоянд, меомўзем ва дар Низомномаи олимпиада ворид мекунем. Фикр мекунам, минбаъд барои иштироки довталабон мањдудиятро бардоштан лозим меояд, яъне, минбаъд хонандагон аз њамаи синфњо метавонанд иштирок намоянд. Проректори ДМТ Абдусалом Миралиев дар бораи тартиби ќабул, имконият ва тањсил дар донишгоњ њарф зада, довталабонро барои дохил шудан ба донишгоњ даъват намуд. Дар робита сардорони раёсатњои маорифи вилояти Хатлон Хоналї Ќурбонзода ва ВМКБ Ѓарибшо Ѓарибшоев, муовини сардори раёсати маорифи шањри Душанбе Соњибназар Сафаров довталабонро барои ѓолибият муборакбод гуфта, бо ќаноатмандї аз љараёни олимпиада бањси шогирдонро бо доварон падидаи хуб арзёбї намуданд. Зикр шуд, ки барои пешрафти кори олимпиада андешаву пешнињодњоро хаттї ирсол менамоянд. - Дар љаласаи солона вазири маориф таъкид карда буд, ки барои дарёфти истеъдодњои њаќиќї меъёри бањогузорї ва талабот дар олимпиада боз њам бештар мегардад, -аз љумла гуфт С.Сафаров. -Аз ин рў, кам шудани теъдоди ѓолибон нишони паст будани сифати тањсилот набуда, балки ба њамин нукта вобастагї дорад. Бинобар ин, моро зарур меояд, ки минбаъд барои ѓоли-

бияти бештар ба даст овардан ба ин маънї бештар такя намоем. Ба ин тариќ, озмун бе бањсу љанљоли бемаънї, бе эътирози барзиёд, бе иштироки ба истилоњ "ѓайриконкурсї"-њо, бо ќаноатмандї, бо шукўњ ва хотироти рангин ан љом паз и ру фт. Ай н и њ ол мо аз таассуроти хеш бо њамин иктифо карда, хулосањоро дар шуморањои оянда баррасї менамоем. Дар анљо м т ан њ о њ ам и н р о т аъ к и д мекунем, ки бо чунин шогирдон мо бояд ба ќавли Шоири халќии Тољикистон Муњаммад Ѓойиб: Дар њама майдон зафар бояд кунем, Тољикистонро дигар бояд кунем. Ноилшо НУРАЛИЕВ, Саида НАБИЕВА, "Омўзгор"


РАЊНАМО

№17 26-уми апрели соли 2013

4ЊИДОЯТ

Масалан, дар Паёми соли 2011 Президенти Љумњурии Тољикистон баён дошта буданд, ки дар се соли оянда маоши кормандони муассисаю ташкилотњои соњањои иљтимої ду баробар зиёд карда мешавад. Бо назардошти пешнињоди Сарвари давлат аз якуми сентябри соли 2011 ва соли 2012 маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотњои соњањои иљтимої, андозаи нафаќа ва стипендия ба андозаи муайян зиёд карда шуд, ки ин яке аз омилњои њавасмандии ањли љомеа мебошад. Њамчунин, бо маќсади таъмин намудани шаффофияти истифодаи маблаѓњои буљетї шаклњои омории љамъоварии маълумоти молиявї барои муассисањои тањсилоти умумї тањия гардид, ки он шаффофияти харљи маблаѓњои буљетї ва истифодаи дурусти захирањои моддиву молиявї ва васеъ ба роњ мондани мубодилаи электрониро таъмин менамояд. Ин амал боиси сарфакорона ва маќсаднок истифода бурдани маблаѓњои буљетї њангоми хариди давлатї ва пешгирии омилњои коррупсионї, љорї намудани низоми хариди электронии молу мањсулот бо истифода аз технологияњои муосири иттилоотї мегардад. Бо назардошти он ки сайёраи олам сокини асри 21 аст ва ин аср асри рушду ташаккули техникаву технологияњои муосири замонавї, асри технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї мебошад талаби замони муосир аст, ки њар як шањрванду кишвар њамќадами замон бошад. Бинобар ин, дар асоси таъкидњо дар паёмњои ду соли охир бо иќдоми Њукумати Љумњурии Тољикистон як ќатор санадњое ќабул карда шуданд, ки дар баробари рушду инкишофи самтњои гуногуни љомеа ба рушди соњаи маориф низ такон бахшиданд. Масалан, соли 2011 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон Барномаи рушди инноватсионии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020 ќабул шуд, ки ин санад на танњо ба рушди соњаи маориф, балки ба рушди тамоми соњањои иќтисодиёти миллии кишвар алоќамандї дорад. Яъне, навоварию нављўї, андешаи наву муносибату њисси баланди масъулиятшиносї бояд кору рафтору амали њар фард бошад. Соњаи маориф њамчун соњаи афзалиятноки љомеа ташаббускори навгониву навоварї, кашфиёту ихтироот, андешаи наву афкори созандаи љомеа дар ин самт иќдомњои зиёдеро амалї намуда истодааст. Таъсиси марказњои инноватсионї ва таъмини онњо бо таљњизоти муосири замонавї, алоќамандиашон бо шабакаи байналмилалии Интернет, ба зиммаи мутахассисони соњавї ва ба корњои илмиву нављўї ва ихтироъкориву кашшофї вогузор намудан ва ба чунин марказњо љалб намудани хонандагону донишљўён ва омўзгорони љавони лаёќатманду истеъдоднок талаботи санади мазкур мебошад. Албатта, татбиќи амалии ин Барномаро бидуни иљрои Барномаи компютеркунонии муассисањои таълимї барои солњои 2011-2015 тасаввур кардан номумкин аст. Иљрои Барномаи компютеркунонии муассисањои таълимї агар дар љумњурї 92 дарсадро ташкил дода, то имрўз зиёда аз 830 мактаби тањсилоти миёнаи умумї ба шабакаи байналмилалии интернет алоќамандї дошта, дар маљмўъ 48 маркази компютерї таъсис дода шудаанд. Санади муњиме, ки дар ин муддат ќабул гардид Консепсияи ташаккули њукумати электронї дар Љумњурии Тољикистон мебошад, ки татбиќи он метавонад робитаи доимї миёни маќомоти њокимияти давлатї ва шањрвандону муассисаю ташкилотњоро таъмин намояд. Асоси Консепсияи ташаккули њукумати электрониро пеш аз њама баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва идоракунї бо истифодаи васеи технологияњои иттило-

њидоятгари чароѓи ормонњои миллї Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2012 дар давоми як сол њамчун дастури рушди бењдошти љомеа рањнамо ва њидоятгари умеду орзуњои ояндасози миллат буд. Дар ин давра дар заминаи дастуру њидоятњои Сарвари давлат вобаста ба рушди самтњои муњими љомеа тадбирњои зиёде амалї шуданд. Бо назардошти он ки паёмњои њамасолаи Сарвари давлат натиљаи баррасї ва љамъбасти паёмњои солњои гузашта мањсуб меёбад, Паёми соли гузаштаро низ бевосита давоми мантиќии паёмњои солњои ќаблї арзёбї кардан мумкин аст. отию коммуникатсионї, баланд бардоштани сатњи сифат ва дастрас будани хизматњои иљтимоие, ки ба шањрвандон ва ташкилотњо расонида мешаванд, содда гардонидани ќоидањо ва кам кардани муњлатњои расонидани хизматњои иљтимої, инчунин кам кардани (коњиш додани) харољоти маъмурї, ки ба расонидани ин хизматњо вобастагї доранд, ташкил медињад. Принсипи Консепсияи ташаккули њукумати электронї "Њар замон аз њар макон" ифодагари њадафњои нињоии санади мазкуранд. Бо маќсади мусоидат ба татбиќи сариваќтии Консепсияи ташаккули њукумати электронї вазорати маориф бояд тарбия ва омода намудани кадрњои баландихтисос дар њамаи зинањои тањсилотро тибќи нишондоди Паём амалї намояд, ки дар ин самт муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбие, ки мутахассисони соњаи информатика ва телекоммуникатсия тайёр мекунанд, муваззаф гардонида шудаанд. Вобаста ба иљрои масъалаи мазкур дар назди муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї курсњои кўтоњмуддати 1 ва 3-моња ташкил карда шудааст, ки то имрўз зиёда аз 7850 нафар шањрвандон курсњои мазкурро аз рўйи ихтисоси системаи компютерї ва Интернет-технология хатм намуда, соњиби сертификат гардидаанд. Инчунин, аз љониби муассисањои таълимии ѓайридавлатие, ки дар асоси иљозатномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият менамоянд, 5300 нафар курсњои кўтоњмуддатро хатм карда, соњиби сертификат шудаанд. Барномаи давлатии сифат барои солњои 2013-2015, ки дар ин муддат ќабул карда шуд, масъулини соњаи маорифро водор месозад, ки дар њамаи зинањои таълимї ва дар мазмуну мундариљаи маводи таълимию илмї, методї, китобњои дарсї, суњбати омўзгорон, сатњи азхудкунї ва фањмишу донишу муњассилин ва омодагии касбии хатмкунандагон ба сифату сифатнокї таваљљуњ зоњир карда шавад. Дар масъалаи омода намудани кадрњои коргарї вобаста ба талаботи бозори мењнати ватанї ва љањонї, инчунин васеъ намудани шабакаи муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї ва соњибкасб намудани шањрвандон дар њамкорї бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои дахлдор тадбирњои мушаххас андешида шуд. Аз љумла, љињати ба касбомўзї, такмили ихтисос ва шањодатномакунонии малакањои касбї љалб намудани то сад њазор нафар шањрвандони бекор, бахусус муњољирони мењнатї ва бо ин маќсад дар тамоми шањру ноњияњои кишвар ташкил намудани марказњои таълими калонсолон, омўзиши хизматрасонї ва соњибкорї дар давоми соли гузашта ин теъдоди шањрвандон дар заминаи муассисањои тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї соњибихтисос гардони-

да шудаанд. Дар ин самт вобаста ба нишондоди Паём дар соли 2011 "Барномаи ислоњот ва рушди муассисањои тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї барои солњои 20122020" тањия ва бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 апрели соли 2012, №200 ба тасдиќ расонида шуд. Бо вуљуди он ки дар 63 муассисаи тањсилоти ибтидої аз рўи 108 ихтисос ва дар 52 муассисаи тањсилоти миёнаи касбї аз рўи 120 ихтисос мутахас-

сисон тайёр карда мешаванд, эњтиёљоти љумњуриро таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин, аз љониби Вазорати маориф "Таснифоти давлатии касбњои коргарї, вазифањои хизматчиён ва дараљањои тарифї дар Љумњурии Тољикистон" омода ва барои тасдиќ пешнињод карда шудааст, то муассисањои ин зинаи тањсилот ихтисосњои барои љумњурї заруриро тавонанд интихоб ва амалї намоянд. Касбњои коргарии барои саноати љумњурї даркорї - ороишгар, пармагар, ќолабгар, маъданкан, рехтагар, сангтарош, рангуборчї, рангпаз, машинасоз, куњканї, геология, маркшейдерї, арматургар, роњсоз, ас-

фалтгар ва амсоли инњо мебошад, ки барои таъсиси чунин касбњо пеш аз њама нерўи кадрї ва заминаи мусоид лозим аст. Пайваста гузаронидани тањлили њолати тайёр кардани кадрњо дар муассисисањои таълимї бо назардошти ќонеъ гардонидани талаботи бозори мењнат ба мутахассисони ботаљриба, дорои дониши баланди касбї. Дар масъалаи омода намудани пешнињоди мушаххас љињати тањияи механизми њамоњангсозии

фаъолияти маќомоти давлатї ва роњњои амалї гардонидани Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тибќи талаботи дастури тарѓиботии "Ќонуни рањнамо" дар њамаи зинањои таълимї дар њамкорї миёни муассисањои таълимї ва кумитаи падару модарон тадбирњои мушаххасе амалї шуда истодаанд. Бо назардошти он ки робитаи муассисаи таълимию волидайн ба таври дилхоњ ба роњ монда шуда, дар хонишу дониши фарзандон ва азхудкунии фанњои таълимии онњо такони љиддие ворид намояд, волидайн метавонанд тавассути воситањои иттилоотию коммуникатсионї- сайту почтањои электронии муассисаи таълимї ва ё омўзгорон дар иртибот бошанд, маълумоти њаррўзаи давомот, рафтор, муносибат ва дарсазхудкунии фарзандони худро фањманд. Тарѓиби ахлоќи неки њамида, ватандўстї, даст назадан ба амалњои номатлуб ва дигар масъалањои тарбиявї дар вохўрии кормандони Вазорати маориф бо кумитањои падару модарони муассисањои таълимї дар мавсими истироњати тобистонаю зимистона ташкил карда шуда, нисбат ба пешгирї намудани њамаи амалњое, ки кўдаконро ба тарбияи нодуруст мебаранд, суњбату вохўрињо гузаронида шудаанд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар тарѓибу ташвиќи арзишњо ва расму оини миллї, дар руњияи ифтихор аз ватану ватандорї, хештаншиносї ва љавонмардї, тарбия намудани хонандагону донишљўён наќши муњим мебозад ва амалї шудани он на танњо падару модарро дар таълиму тарбия, балки роњбарони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої, миёна ва тањсилоти олии касбї, омўзгорон, љомеа ва давлатро низ водор месозад, ки ба ин масъала диќќати махсус дињанд. Нишондодњои паёмњои њамасолаи Сарвари давлат њамчун дастури бењдошти рушди љомеа дар ташаккули љомеа сањми муносиб дорад. Раљабалї САНГОВ, Садафмоњ САФАРОВА, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф

4СИПОСНОМА

ДАР ДИЛУ ДИДАИ МАРДУМ

Барои адабиёти куњанбунёди тољик анъанаи дерин аст, ки ањли ќалам тавассути ашъори худ шоњони замони хешро ба раиятпарварї, инсофу адолат, накўкорї, дасти афтодагонро гирифтан, сулњу суботро пойдор кардан, илму фанро тараќќї додан њидоят кунанд. Саъдї гуфтааст: "Подшоњро карам бояд, то бар ў гирд оянд, то дар паноњи давлаташ эмин нишинанд… Искандари Љомї шоње буд, хирадманду оќилу одил. Дар "Рисола дар назми тамаддун ва таовун"-и Ањмади Дониш барои шоњ дањ шарт муќаррар шудааст: 1. Њар як ањли раиятро бо кадом арзу њољате, ки ояд, шоњ то њал кардани он арз худро ба њукми њољатманд дарорад. 2. Дар хўрдан ва пўшидан эътидолро нигоњ дорад, ки як шарти адолати ќаноат аст. 3. Интихоби њољатмандонро бар даргоњи худ раво надорад. 4. Њангоми њукм баровардан шафќат кунад ва бесабаб дуруштї накунад, аз шунидани њољату арз маломат накунад ва аз "сухан гуфтан бо заифон ва мискинон" нанг надорад". 5. Шоњ бар хилофи ќоидаи маъмул зўран ризои њељ касро бар манфиати худ талаб накунад, дар њукмњои худ сустї ва риёкорї накунад. 6. Бо сабаби љабр ва такаббур халќро аз худ дур нагардонад, балки бо эњсон ва шафќат худро мањбуби дилњо гардонад, то сипоњ ва раия аз ў хушнуд бошанд. 7. Аз хатари њукумат ва вилоят ѓофил набошад. 8. Шоњ бояд бо олимони бодиёнат - олимони нотамаъкор ва донишманд мусоњиб бошад. На ба шахсоне, ки бо нияти як порчае аз ашёи њароми амир ситондан макру фиреб мекунанд. 9. Шоњ бояд аз тафтиши зулми амалдорон муттасил огоњ бошад ва онњоро љазо дињад ва ба он ќаноат накунад, ки худ зулм намекунад. 10. Шоњ бояд њалим, муаддаб… бошад, то ки ашхоси њољатманд ба додхоњї назди ў раванд ва њар ноањле аз њилми ў истифода набарад. 11. Ситоиши шоњи одил ва санохонии ў низ аз

мавзуъњои зерини адабиёти тољик каст. 12. Шоирон ба ин васила арзи сипоси мардумро аз шоњи одилу раиятпарвар ифода менамуданд. Шукрона аз номи халоиќ мекарданд, ки роњбаре шоиста насибашон гашта. Ба ин маънї, адибон фарзанди миллатанд. Шахсияти шоиста будани Љаноби Олї, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз таваљљуњи ањли адаб дур намондааст. Муносибати хайрхоњона ва халќпарварї, дастгирии ятимону бекасону камбизоатњо, эътибор додан ба тамоми пањлўњои зиндагии мардум аз фазилатњои Сарвари кишвари моанд. Аз ин љост, ки Муњаммад Ѓоиб бо ифтихору таманно мегўяд: Кист Рањмонов? Як пайвандгар, як дурбин, Бар љањон пайванд мулкаш кард ин марди матин. Тољикистонро шиносад Амрикову Њинду Чин… Ин ба гуфтан њаст осон, бахти андак нест ин. Дар шеъри "Зодрўзи офтоб"-и Камол Насрулло мехонем: Муборак зодрўзи бахти тољик, Ки дар симои некат гашта хандон. Муборак бод тољу тахти тољик, Ки аз ту гашт аз нав партавафшон. Ширин Бунёд дар шеъри "Шањсавори миллати мо (Эњдо ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон) иборањои инъикоскунандаи олами ботинї, хислатњои умдаи инсониро дар ситоиши Љаноби Олї мавриди истифода ќарор додааст. Њамчу Исмоили Сомон вањдате эљод кардї, Њар чї кардї, бар Ватан кардї, Ватан обод кардї. Дар "Вањдатвалї"-и Исо Рањим, "Лутфи Худо"-и Абдусаттори Рањмон, "Номи шумо"-и Усмон Олим, "Меъмори Вањдат"-и Мирзо Рустамзода, "Забон ва сухан"-и Муњтарам Њотам, "Эмомалї Рањмон"-и Њадиса ва дигарон симои Президенти кишвар хеле самимона тасвир шудааст. Маъруфи ЊИСОМ, омўзгор. Саноќул ШАРИФОВ, Корманди шоистаи Тољикистон, омўзгори собиќадор, ноњияи Айнї


ТАЉРИБА

№17 26-уми апрели соли 2013

4ДАРСИ ТАРБИЯВЇ

4ЊИДОЯТ

АЉАБ ШАЊРИ ДИЛОРОЇ,

Њамасола якшанбеи сеюми моњи апрел Рўзи пойтахт таљлил мегардад. Ба ин муносибат омўзгорон чорабинињои гуногун баргузор менамоянд. Яке аз чунин тадбирњо ташкили дарсњои кушоди тарбиявист. Чигунагии таљлили њар ид ва таассурот бахшидани он ба бачањо ба њунари кордонї ва мањорати корбарии омўзгор вобаста аст. Мавзўи дарс: Душанбе пойтахти ман Маќсади дарс: Тарбия намудани хонандагон дар рўњияи ватандўстї, худшиносї, эњтиром ба пойтахти кишвар, баланд бардоштани маданияти шањрвандии онњо, ташаккули маърифат ва нутќи онњо. Таљњизот: расму плакатњо, компютер, навори видеої, китоб…

Бачањои азиз: -Аз њарфњои аввали пандњои гуфтаи шумо номи пойтахтамон хонда мешавад: Душанбе . Муаллима: -Азизон! Биёед, аввал дар бораи шањри Душанбе каме маълумот медињем. Дилшод: -Душанбе яке аз шањрњои зеботарин ва тараќќиёфтаи Осиёи Марказї буда, дар водии Њисор дар баландии 750930 метр аз сатњи бањр љой гирифтааст. Масоњаташ 124,6 км2 мебошад.

зиндагї ва кор мекунанд. Дар Душанбе Ќасри Миллат, Њукумати љумњурї, Маљлиси Олї, вазорату сафоратхонањо, Академияи илмњо, дањњо мактабњои ибтидої, миёна ва олии касбї, садњо мактабњои миёна, корхонањо, фабрикаву заводњо, биноњои истиќоматї, театру ќасрњои маданият, бозорњои шањрии пурбаракат, кўчаю хиёбонњои гулафшон, чаману боѓњо симои Душанбешањрро зебою рангорангтар кардаанд… Муаллима: -Бачањои азиз, мо њоло байни гурўњњо саволу љавоб ташкил мекунем. Дар синфи мо 3 гурўњ њаст, ки њар кадом ба худ ном доранд. Гур-

Равиши дарс

Баёни мавзўъ: Душанбе пойтахти ман Дарс бо зикри абёт дар васфи Душанбе ва суханњои муќаддимавї дар бораи њадафу маќсад ва ањамияти мавзўъ оѓоз меёбад… Сипас, байни муаллима ва хонандагон дар бораи мавзўи дарси тарбиявї суњбат ва саволу љавоб сурат мегирад. Баъд аз ин, муаллима дар тахтаи синф њарфњои парешонро менависад ва ба шогирдон супориш медињад, ки доир ба њар яки ин њарфњо панде гўянд: Д - Дониш талабу бузургї омўз, То бењ нигарад рўзат аз рўз. У - Устоди азизу мењрубонам, Мењрат шуда љо ба љисму љонам. Ш - Шоир андар синаи миллат дил аст, Миллати бе шоира анбори гил. А - Аниси кунљи танњої китоб аст, Фурўѓи субњи доної китоб аст. Н - Набошад њаме неку бад пойдор, Њамон бењ, ки некї монад ёдгор. Б - Ба дониш рўй оред, эй азизон, Ки дониш сарнавишти умри инсон. Э - Эй булбулакони боѓи дониш, Шодона таронањо муборак.

Шањло: -Душанбе 15 марти соли 1925 чун пойтахти љумњурии худмухтори Сотсиалистии Тољикистон ба худ маќоми шањрро гирифтааст. Он аз соли 1925 то соли 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 аз нав Душанбе номгузорї шуд. Шањри Душанбе аз 4 ноњия иборат аст: Исмоили Сомонї, Сино, Фирдавсї ва Шоњмансур. Масрур: -Пойтахт бо бисёр шањрњои гуногуни љањон алоќањои иќтисодї, илмї ва фарњангї дорад. Душанбе пойтахи давлати мо, тољикон, шањри зебою дилоро буда, маркази тамаддуни тољикон мебошад. Чунон ки шоир мегўяд: Душанбе тахти Сино шуд, муборак, Зи нав манзури дилњо шуд, муборак. Агар чанде дилам доѓи Бухорост, Душанбе њам Бухоро шуд, муборак. Адолат: -Гулгашту хиёбонњои зебои он диќќати њар як бинандаро ба худ љалб менамоянд. Аз кишварњои зебои бурунмарзї мењмонњои зиёде вориди пойтахтамон мегарданд ва бо як љањон мењр ба пойтахти њамешабањори мо менигаранд. Душанбе шањри зебо ва дўстист Насим: -Дар пойтахти мо намояндагони миллатњои гуногун

ўњи якум - Вањдат, гурўњи дуюм - Илњом, гурўњи сеюм Офтоб мебошад. Барои саволу љавоб дар бораи Тољикистон, пойтахти он, Президенти кишвар, раиси шањр, Маромномаи сокини пойтахт омода бошед. Инак, чанд савол ба таври интихобї: -Маромномаи сокини пойтахт кай ва бо ќарори кї ба тасвиб расидааст? -Дар аввали маромнома кадом суханњо гуфта шудаанд? -Якчанд пункти маромномаро номбар кунед. -Шумо сокини пойтахтро чї гуна дидан мехоњед? -Душанберо дар оянда чї хел дидан мехоњед? -Таманнои шумо дар бораи ободии шахри Душанбе чист? Фарзона: -Ман мехоњам, ки дар Душанбе дўстї боз њам ќавитар гардад. Доимо сулњу амонї пойдор бошад, Душанбе боз њам зеботар гардад. Баъд аз ин, бачањо доир ба Ватан ва Душанбе шеъру сурудхонї карда, сањначаи "Хоки Ватан"-ро иљро менамоянд. Пас аз намоиши сањнача таронаи "Шукрона" суруда мешавад... Давлатбахт ШОЕВА, омўзгори мактаби раќами 49-и шањри Душанбе

4ВОХЎРЇ

ТАЊИЯИ КИТОБИ ДАРСЇ - КОРИ МУШКИЛ

Китоби дарсї аз љумлаи ашёи зарурии омўзгорону хонандагон ба шумор меравад. Муносибати шоиста бо он ва эњтиёт намудани китоб вазифаи асосии мактабиён мебошад. Сол то сол сифати китобњои дарсї аз нигоњи муњтаво бењтар гардида, дар баробари ин, бањсу мунозирањо низ љињати шакл, бандубасти он барпо мешаванд. Анљумани тољикон ва форсизабонони љањон - "Пайванд" вохўрињои муаллифони китобњои дарсии мактабњои тањсилоти умумиро, ки аксар узви ифтихории ин анљуман мебошанд, бо хонандагон ва омўзгорони мактабњои миёна ба роњ мондааст. Чунин вохўрии навбатї бо иштироки як гурўњ муаллифони китобњои дарсї - Хуррам Рањимзода, Табаралї Зиёзода, Сайидамир Аминов барпо гардид. Чунон ки профессор Х. Рањимзода гуфт, вай муаллифи собиќ китобњои дарсии "Таърихи дин" ва "Одоби оиладорї" ст. Бино ба гуфтаи мавсуф, пас аз бозпурсии 1600 нафар хонандаи синфњои болоии макотиби тањсилоти умумї ва 460 нафар омўзгорон тасдиќ намудаанд, ки омўхтани ин фанњо ба хонандагон хеле зарур аст. Доктори илми педагогї, муаллифи китоби дар-

сии таърихи синфњои болої Табаралї Зиёзода афзуд, ки солњои пеш баъзан воќеияти таърихї дар китобњои дарсї тањриф мешуданд. Тањияи китоби дарсї, аз ин рў, басо мушкил буда, аз муаллифи он дониши мукаммал ва таљрибаи баланди соњавиро талаб дорад. Имрўз ба ин масъала диќќати љиддї ва муносибатро дигар набояд. Муаллифи китоби дарсии забони модарї барои синфњои 8 - 10 Сайидамир Аминов аз хусуси муносибат бо китоб, тарзи тањияи китоби дарсї, мушкилот ва роњњои њалли онњо дар тањия ва китобнависї сухан гуфт. Вай ба хонандагон ва омўзгорони мактаб мурољиат намуд, ки дар дилхоњ маврид њаќ доранд андеша ва пешнињодоти хешро доир ба њусну ќубњи китобњои дарсї баён намоянд. Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки Анљумани тољикон ва форсизабонони љањон - "Пайванд" дар соли љашни 20 - солагии таъсиси худ идомаи чунин чорабинињоро дар наќша дорад. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

Суњбат дар љараёни таълиму тарбияи хонандагон њамчун усули пањншуда ва заруртарин гуногунмавзўъ (маърифатї, сиёсї, эстетикї ва этикї) шуда метавонад. Он бештар дар зинаи ибтидої ва синфњои 5-6 ба кор бурда мешавад. Бо истифода аз ин усул мо намунаи як дарси тарбиявиро дар мавзўи "Зебої чист?" пешнињоди шумо мегардонем.

БОТИНУ ЗОЊИР ЯКЕ БОШАД (Соати тарбиявї барои синфњои V-VI)

Маќсад аз баргузории суњбат маънидод кардани мафњуми зебоии ботинї (сират) ва зоњирї (сурат), парваридани њисси зебоипарастии хонандагон, инкишоф додани дарку фањмиши зебої дар онњо, тарбияи одоби њамида дар шогирдон аст. (Навиштаљот дар тахтаи синф оид ба зебої, расмњо бораи одоб, матни наќлњо). Роњбари синф: - Бачањо, мо имрўз дар бораи зебоии инсон гуфтугў мекунем. Оё шумо бо мафњумњои зебо, зебої, ботин, зоњир, сират ва сурат шинос њастед? Калимаи зебої аз решаи зебо ва калимаи зебо аз решаи зеб сохта шудааст. Маънои зеб ороиш, зинат, њусн, хушрўї, соњибљамолї мебошад: Ба чашмаш њамон хоку њам симу зар, Бузургї бад - ў ёфта зебу фар. (Абулќосими Фирдавсї) Ваќте ки мо зебої мегўем, бояд ду љињати он - зебоии бо-

Асло дурўѓ намегўяд... Аз хондан ва донистан хурсандї мекунад. Агар вазифаро надонад, шарм мекунад, хафа мешавад. Дар ваќти хондан бозї намекунад. Ваќташро холї ва бекор намегузаронад. Њангоми танаффус бозињои бељо ва хандањои баланд намекунад... Падару модарро иззат кардан, аз гуфтаи онњо набаромадан, суханашонро рад накардан, њамеша дар њама кор ризои онњоро љустан ба њар кас лозим… (Садриддин Айнї)

тинї (сират) ва зоњирї (сурат)-ро дар назар дошта бошем. Зебоии ботинї ё сират зебоиеро мегўянд, ки ба олами дарунї, рўњ ва дили инсон дахл дорад, (одат, хислат, ахлоќу рафтор, кирдор, тартибу интизо) инсон тавассути ќалбу рўњ ба назар мерасад. Зебоии зоњирї ё сират зебоиеро мегўянд, ки он ба воситаи чашм дида мешавад, яъне, зебоии ошкоро, маълум, аён, шакл, њолати берунї, чигунагї, њолу вазъияти инсону табиат. Зебоии ќадду ќомат, рўю мўй, сарулибос, расму сурат, наќќошию кандакорї, бофтану пухтан… зебоии зоњирианд. Дар табиат њам намунањои зиёди зебої мављуд аст. Мањз ягонагии сирату сурат зебоии њаќиќиро ба вуљуд меоварад. Баъзан нафароне њастанд, ки ба сурат зебо нестанд, аммо сирати зебояшон ба онњо њусн мебахшад. Сурататро чї кунам, гар ту надорї сирате, Ки ба як љав нахарам сурати бемаъниро. Бачањо, аз гуфтањои боло маълум мешавад, ки барои инсон зебоии ботинї љои муњимро ишѓол мекардааст. Гулнора: Бачаи баодоб Њар бачае, ки тарбиядида бошад, бисёр баодоб мешавад... Либосашро ифлос намекунад. Њама ваќт баодоб гап мезанад.

Гуфт: "Ин чї сурати ѓариб ва чї шакли муњибу бадњайбат аст?" Њаким аз он сухан барошуфт (дар ѓазаб шуд) ва хандон - хандон дар он ошуфтагї (парешонњолї) гуфт: Таъна бар ман мазан ба сурати зишт, Эй тињї аз фазилату инсоф! Тан бувад чун ѓилофу љон шамшер, Кор шамшер мекунад, на ѓилоф! (Абдурањмони Љомї) Роњбари синф: -Ба фикрам, шумо аз њикояи аввал фањмидед, ки бачаи баодоб тимсоли инсони зебост. Ў ахлоќи хуб дорад, ботинан ва зоњиран дар худ зебоиро таљассум мекунад. Аз њикояти дуюм фањмидед, ки сурати зебо нишони ќуввату тавоної нест, инсон бояд ботинан зебо бошад. Биёед, акнун панду андарзњоеро ба ёд орем, ки зебоии инсон, ботину зоњири ўро тавзењ медињанд. (якчанд андарз садо медињад) Дар анљом роњбари синф фикру мулоњизањои баёншударо љамъбаст карда, шогирдонро ба риояи њамешагии забони ботину зоњир њикоят мекунад.

Фарзона Искандар ва Њаким

Искандари Румї дар овони љањонгирї ба њилаи тамом њисореро (ќалъаеро) бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: Дар он љо њакимест доно ва бар њалли мушкилоти њикмат тавоно. Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид аз ќабули табъ дур ва таъби ањли ќабул аз вай нуфур (нафратовар).

Одина САФАРЗОДА, омўзгор, шањри Вањдат


МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН 4ЊАМКОРЇ Бувад, ки маљлиси Њофиз ба юмни тарбияташ, Њар он ки металабад, љумла бошадаш мављуд. Ибтидои парвариш,навозишу мењрубонї, макони аслии он оила, падару модар мањсуб меёбанд. Ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" имкон фароњам меорад, ки раванди таваљљуњи љомеа ба мактаб ва сањми он дар пешрафту такомули кишвар тамоюли тоза касб намояд. Он такони навест бањри амалї гардидани њадафњо ва корњое, ки дар ин самт пешорўи, маорифчиёни асил ва зањматписанди кишвар истодаанд. Падару модарон масъуланд, ки фарзанд ба дунё овардаву, тарбия намоянд. Фаъолият ва муносибат асоси љараёни тарбия буда, ташаккули сифатњои инсонї, махсусан, кўдакону љавонон, пеш аз њама, вобаста ба падару модар ва муњити зисти онњо мебошад. Таъсири падару модар ба ташаккули шахсияти насли наврас омили муњим аст. Аммо сатњи маълумотнокї ва њолати иљтимоии зиндагии падару модарон гуногунанд, тарбияи фарзандон њам як хел нест. Махсусан, модароне, ки аз асосњои донишњои педагогї ва психологї огоњї дошта бошанд, мутаассифона кам ба назар мерасанд. Агар њар як модар, новобаста ба миллат, асосњои психологияи синусолї ва педагогикаро донанд, тарбияи насли наврасро дуруст ба роњ мондан хеле осон мешавад. Аксарияти падару модарон тарбияи мењнатиро дуруст ба роњ монда наметавонанд. Аз

№17 26-уми апрели соли 2013

ДАСТИ ЊАМ БОЯД ГИРИФТАН

Тарбия ба маънои парвариш, омўхтан, адаб омўхтан, навозиш, мењрубонї, нигоњбонї, њимоя мебошад. нуќтаи назари илми педагогика ва психология, кўдак аз синни 45- солагї (духтарон), синни 5-6солагї (писарон) бояд љуробро шуста, картошка, сабзиро тоза карда тавонад, он гоњ сарчашмањои ба мењнат вобастакунї оѓоз меёбанд. Аммо аксарияти падару модарон фарзандони худро аз њад зиёд нозпарвар тарбия менамоянд, ягон чизро бањри онњо дареѓ намедоранд… Шоњиди воќеае шудем, ки дар Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон донишљўе гуноњ содир кард. Дар сўњбат бо падари ў гуноњи донишљўро исбот намудем. Падари ў А. фарзандашро ба љои насињат бўса карда гуфт: "Писарам, хуб нест". Фарзанди ў. К. хандида аз дар баромад. Яъне, ин падар гуноњи фарзандашро бо навозиш бахшид. Ё ин ки дар назди дарвозањои мактабњои тањсилоти миёна, донишкада, донишгоњњо сањар (то оѓози дарс) истода мушоњида намоед, падарон бо мошинњои шахсии худ фарзандонашонро бо сару либосњое оварда мемонанд, ки ба талаботи мактаби муосир ва замон мувофиќ нестанд. Њоло он ки либоси хона, кўча, љои кор ва љои тањсил аз њамдигар фарќ мекунанд. Падару модарони азизро зарур аст, ки ба ин масъала диќќати љиддї дињанд. Масъалаи тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараљаи падару модар, сарчашмаи имтињони зин-

дагї аст. Тарбиятгари аввалин падару модар мебошанд, аввалин суханњо аз онњо ба гўши фарзанд мерасад. Падару модар дар сар-

њар як хонандаро баробари фарзанди худ фарзанд њисобад, дар он сурат мењнати ў хело самара ва сифат медињад. Омўзгорон набояд фаромўш намоянд, ки

гањи ташаккули андешаву эњсос ва рушди љањонбинии кўдак ќарор доранд, фарзандон дунёро нахуст бо чашму дили онњо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, ќабл аз њама, аз дидгоњи падару модар муайян мекунанд. Муќаддастарин макони таълиму тарбия, илму маърифат ва манбаи ташаккули шахсият мактаб аст. Асоси камолоти ахлоќї, таълимию тарбиявї ва маънавиро шахс дар мактаб мегирад. Вазифаи муќаддаси омўзгорон таълиму тарбия аст. Омўзгор агар

онњо дар баробари таълим додан шахсиятњои ояндаи љамъиятро низ тарбия менамоянд. Педагоги барљастаи маъруф А.С.Макаренко навиштааст, "…осонтарин усули алоќаи мактаб бо оила худи хонанда мебошад. Афзалияти ин усул дар он мебошад, ки бача талабњои муаллимро ќабул карда, онњоро дар оила њам љорї месозад. Њар як муаллим ва роњбари синф бояд ба хонаи хонанда рафта, доир ба муњит ва њаёти оилавии ў маълумоти заруриро пайдо кунад." Ин алоќаи мактаб бо падару

4ТАЪЛИМГОЊ

МАКТАБИ МО ИФТИХОРИ МОСТ

Дењаи Шул аз мањаллањои шуњратёри водии Рашт эътироф шудааст ва ба ин, пеш аз њама, таваљљуњу муњаббати ањли ин дења ба фарњангу илму маърифат мусоидат карда. Њамчунин, Шул дар мавзеи басо назаррабо ва хушбоду њаво љойгир асту миќдори ањолиаш низ зиёд.

аз хатми мактаб хоњиши тањсил дар донишгоњу донишкадањо мекунанд, зиёд мешавад. Соли тањсили гузашта аз 40 нафаре, ки мактабро хатм карданд, беш аз 30 нафар донишљў шуданд. Айни замон ќариб 100 нафар хатмкардагони таълимгоњ дар мактабњои олї тањсил доранд. Мактаби ин дењаи ободон (ба номи Директори ин таъЉўраќул Раззоќов) солњост, ки дар радиДиректори мактаб М.Шарифов бо омўзгорони љавон лимгоњи бонуфузи фи бењтарин таълимгоњњои ноњияи Рашт оид ба методикаи таълим суњбат баргузор менамояд. ноњия Мунаввар Шариќарор дорад. Ин љо 39 нафар омўзгори варзида (аз љумла, 6 нафар зан) ба таъ- дорад. Тамоми корњо вобаста ба ободонию фов омўзгори собиќадор ва эътирофгашталиму тарбияи 721 нафар хонанда машѓу- муљањњазсозии таълимгоњ дар заминаи ву соњибэњтиром аст ва соли сеюм аст, ки њамин њамкорї сурат мегиранд. Омўзгорон дар ин вазифа кор мекунад. Ў фароњамоваланд. Онњо њамвора кўшиш бар он мекунанд, аз он ќаноатманданд, ки солњои охир, ба рии шароити созгор барои фаъолияти омўзки шогирдон њар субњ бо дили гарм ва бо вижа, пас аз ќабули Ќонун "Дар бораи масъ- горон, дастгирии онњо, муомилаи нек бо ањли майли том ба мактаб шитобанд, нисбат улияти падару модар дар таълиму тарбияи мактаб ва робитаи доимї бо шогирдонро дар ба тањсилу ба омўзиш шавќи баланд дош- фарзанд" волидон ба мактаб, ба тањсилу амалиёти њамарўзаи хеш дар мадди аввал ба рафтору кирдори фарзандон мегузорад. Изњори сипосмандї мекунад, ки та бошанд. Ба ин, пеш аз њама, туфайли бештар таваљљуњманд гардидаанд. бо ѓамхории њукумати љумњурї дар мактаб љолибу дилангез, рангину таваљљуњовар Ин њолат ба таќвияти тањсили хо- солњои 2005 ва 2012 биноњои иловаи таъбаргузор намудани њар як машѓулият нандагон мусоидат кардааст. Мах- лимї бунёд ёфтанд, ки дар натиља шароиту метавон ноил гашт. Машѓулиятњои носусан, духтарон барои бештар ба имконоти тањсили хонандагон ба фаъолиямафњум ва ќолабию якранг боиси диломўзиш машѓул шудан ва идомаи ти омўзгорон хеле таќвият пазируфт. кандагии хонандагон аз тањсил меДиректор, њамчунин ифтихорманд аст, тањсил дар мактабњои олї каршаванд. дан имкон пайдо намуданд. ки устодони номваре чун А.Ќутбиддинов, Ин нуктаи муњимро устодони Њамасола сафи онњое, ки пас С.Хушвахтов, З.Сайакрамов, М.Ањмадов, мактаби Шул хуб медонанд ва аз Ќ.Таѓдиров, М.Муњаббатов, Н.Шароин љост, ки мекўшанд, то њар рўзи фова… дар мактаб шогирдон дар дабистон хофаъолият доранд тирмону манфиатбор бова њар яке фидоии шад. Дар мактаб мунтапешаи хеш аст. Бо зам чорабинињои мухтачунин омўзгорон лиф аз ќабили вохўкор кардан масъуриву мулоќотњо, лияти бузурге таќоозмунњо, њамоизо дорад ва низ касшњои тантанавї, ро ба бењбуди паймусобиќоти варвастаи раванди зишї… баргузор таълиму тарбия карда мешаванд. дилпур мекунад. Мактаб бо волиМ.АБДУРАУФ, дон њамкории доЯк лањзаи машѓулияти омўзгори забони русї М.Ањмадов бо шогирдон "Омўзгор" имиву пурсамар

модар ба тарбияи насли наврас дар замони муосир хело ањамияти љиддї дорад. Хонанда њис мекунад, ки ў дутарафа дар зери назорат аст. Барои инкишофи њамаљонибаи наврасон, хонандагон ба роњ мондани корњои таълимї, тарбияи ахлоќї, мењнатї зарур аст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон зимни яке аз суханронињои хеш ќайд намуданд: "...бе дастгирии волидайн ислоњоти маориф натиљаи дилхоњ нахоњад дод, ки ин њаќиќат бе бањс аст. То ваќте ки зарурати ин масъала дар поён, яъне дар сатњи оила дарк нашавад, ягон ибтикорот самараи мусбат нахоњад дод". Имрўз дар љодаи ислоњоти соњаи маориф мушкилоти таълимгоњњо аз он иборат аст, ки омўзгорон ва падару модарон хело кам вохўрї мегузаронанд. Њукуматњои мањаллї бояд ба омўзгорон ёрии худро дареѓ надоранд, аммо онњо аксаран аз њамкорї бо мактаб канораљўї менамоянд. Махсусан, дар мањалњо ёрии раисони мањалла ба омўзгорон хело кам њис карда мешавад. Мувофиќи маълумоти омории Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз теъдоди умумии 1703028 нафар хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар соли 2009 211 ва дар соли 2010 327 њолати ќонуншиканї аз љониби ноболиѓон ба ќайд гирифта шудааст. Ин нишондињандаи он аст, падару модарон, комитетњо ва раисони мањалњо аз њамкорї канораљўї намудаанд. Дилором САНГИНОВА, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон

4ДОВТАЛАБ-2013

РЎЗИ ДАРЊОИ КУШОД

Бо маќсади амалї гардонидани дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон љињати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори мењнат раќобатпазир, њамчунин, љалби довталабони болаёќат ба муассисањои тањсилоти олии љумњурї дар мувофиќа бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва бо дастгирии молиявии раёсати "Тољикматлубот" дар Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон Рўзи дарњои кушод ва озмуни љумњуриявии хатмкунандагони болаёќати муассисањои тањсилоти миёнаи умумї баргузор гардид. Беш аз 700 нафар иштирокдорони ин чорабинї - хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, литсею гимназияњо аз пойтахт ва шањру ноњияњои љумњурї аз донишгоњ дидан карда, бо базаи моддиву техникї, шароити таълиму тарбия аз наздик ошно гаштанд. Дар доираи "Рўзи дарњои кушод" озмуни љумњуриявї дар байни хатмкунандагони болаёќат тариќи ќабули имтињонњои тестї аз фанњои математика, забон ва адабиёти тољик, забони англисї, асосњои давлат ва њуќуќ гузаронида шуд. Барои иштирок дар озмун 536 нафар хатмкунанда ба ќайд гирифта шуда, имтињони тестї супориданд. Натиљањои имтињонњо тавассути воситањои техникї дарњол муайян гардида, ба таври шаффоф бо иштироки њамаи хатмкунандагон ва омўзгорони онњо дар тахтаи электронї нишон дода шуд. Дар љамъбасти озмун беш аз 100 нафар хатмкунандагон бо гирифтани холњои баландтарин барои дохил шудан ба Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон соњиби имтиёз гаштанд ва бо туњфањои хотиравї, аз ќабили Netbook, Planshet, 3G-модем, USBflash ва бо туњфањои рамзии донишгоњ њавасманд гардонида шуданд. Хушбахтона, тањлили баргузории озмуни мазкур, ки соли сеюм аст, дар донишгоњ доир мегардад, нишон медињад, ки сатњи таълиму тарбия ва донишандўзии хатмкунандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї сол то сол хубтару бењтар гардида, сафи хатмкунандагони болаёќат афзоиш ёфта истодааст. Фарњод ШАРОФОВ, декани факултети муносибатњои иќтисодии байналмилалї ва њуќуќи ДДТТ


№17 26-уми апрели соли 2013

4МАКТАБИ ОЛЇ Соњаи маориф яке аз соњањои афзалиятнок ба њисоб рафта, сол аз сол таваљљуњ ба он зиёд мегардад. Хусусан, аз њисоби духтарони ноњияњои дурдаст тайёр намудани мутахассисонро Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз дар Анљумани сеюми иттињодияњои занон, созмонњои ѓайрињукуматии занони љумњурї (соли 1997) ба миён гузошта, ќайд намуда буданд, ки барои њарчи бештар ба њаёти љамъиятию сиёсї ва роњбарии истењсолот љалб намудани занон бояд аз њисоби духтарон мутахассисони соњањои гуногуни хољагии халќ барои таъмин намудани ноњияњои дурдаст омода карда шаванд.

ТАВАЉЉУЊ Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 08.02.2006, №3/ 4 тасдиќ карда шуд. Њамчунин, дар заминаи њамин Дастурамал ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2006, №137 "Дар бораи тасдиќи Ќоидањои ќабули донишљўён ба мактабњои олии љумњурї тибќи квотаи Президенти Љумуњрии Тољикистон" ба тасвиб расид. Њар сол д а р асоси ин ќоидањо мувофиќи нишондодњои наќшаи ќабули писарон ва духтарон ба мактабњои олии Љумњурии Тољикистон тибќи квота ба муассисањои тањсилоти олии касбї духтарону писарон ќабул карда мешаванд. Аз љумла, соли тањсили 2007-2008 мувофиќи нишондодњои на-

НАБЗИ САЙЁРА 4ХУДРО БИШНОС

НИГОЊИ ГАРМИ ЖУРНАЛИСТИ РУС БА ТАЪРИХИ ТОЉИКОН

КВОТА -ИМТИЁЗ БАРОИ ДУХТАРОН

Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон соли тањсили 19971998 бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Президенти мамлакат дар маљлиси машваратии занони фаъоли љумњурї (аз 26 апрели соли 1997) ва дар вохурї бо љавонон (23 майи соли 1997) бо ќарори мушовараи худ (аз 30 майи соли 1997, №6/2) ва фармони вазири маорифи Љумњурии Тољикиситон (№442, аз 1 августи соли 1997) барои довталабон аз ноњияњои дурдасти кўњистони љумњурї дар муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї квотаи махсусро љорї намуд, ки мувофиќи он мебоист 594 нафар љавонон, аз он љумла, 352 нафар духтарони ноњияњои кўњистон дар асоси суњбат ба курсњои якуми ихтисосњои муќарраршуда ќабул карда мешуданд. Аммо 189 нафар духтарон (ДМТ-51 нафар, ДДОТ ба номи С.Айнї-18 нафар, ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода-1 нафар, ДТТ ба номи С.Осимї-6 нафар, ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино-20 нафар, ДАТ-22 нафар, ДДХ ба номи академик Б. Ѓафуров-20 нафар, ДДЌ ба номи Носири Хусрав-4 нафар, ДДХ ба номи М.Назаршоев-21 нафар, ДДК ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї-18 нафар, коллељи тиббии шањри Душанбе-8 нафар) ќабул гардиданду халос, ки ин теъдодро, 74 нафар аз ноњияњои тобеи љумњурї, 40 нафар аз ноњияњои вилояти Хатлон, 52 нафар аз ноњияњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва 27 нафар аз ноњияњои вилояти Суѓд ташкил намуданд. Соли тањсили 1998-1999 бошад, аз 665 љойи људошуда (411 квота барои духтарон) барои довталабони тибќи квота тањсилкунанда ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї њамагї 219 нафар духтар тариќи суњбат ќабул карда шуданд. Соли тањсили 1999-2000 аз 802 љойи људокардашуда 434 нафар духтарон ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї ќабул карда шудаанд, ки 54,1% наќшаи ќабулро ташкил дод. Мувофиќи наќшаи ќабули тањиякардаи Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон вобаста ба талаботи ноњияњои дурдаст ба мутахассисони соњањои иљтимоию иќтисодї, хусусан, ба соњањои маориф, тандурустї ва фарњанг дар соли тањсили 2000-2001 барои духтарони дењоти дурдаст 718 љой људо карда шуд. Њамкории маќомоти мањалл и и њ ок и ми я т и д ав л ат и и ноњияњо, шуъбањои маориф ва муассисањои тањсилоти олии касбї натиљаи дилхоњ дода, соли тањсили 2000-2001 аз 718 љойи људогардида, 519 нафар духтарон ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї тариќи суњбат ќабул шуданд, ки 72,3%-и наќшаи ќабулро ташкил менамояд. Дар баробари ин, мувофиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон (аз 29 апрели соли 2001, №199) аз соли 2001 то соли 2005 теъдоди ќабули духтарони ноњияњои дурдаст ба мактабњои олии љумњурї му-

ќаррар гардид. Тибќи ин муќаррарот соли 2001 633 нафар, соли 2002 664 нафар, соли 2003 619 нафар, соли 2004 485 нафар ва соли 2005 465 нафар ќабули духтарон муайян гардидааст. Ќабули духтарон ба мактабњои олї аз рўи квота давоми 5 соли тањсили ќаблї нишон дод, ки сабаби асосии иљро нашудани наќшаи мазкур дар он буд, ки њукумату идораву шуъбањои маорифи вилояту шањру ноњияњо нисбат ба ин масъала муносибати љиддї надоштанд. Бо маќсади љалб намудани духтарон корњои тарѓиботию фањмондадињї доир намегардид. Идораву муассисањои таълимї дар моњњои охир, баробари оѓоз ёфтани имтињони ќабул, бањри иљро намудани наќшаи муайяншуда ба кор шурўъ мекарданд. Дар натиља, ба мактабњои олї духтароне сафарбар карда мешаванд, ки 8-10 сол муќаддам мактаби миёнаро хатм кардаанд, баъзеи онњо соњиби 2-3 фарзанд њам њастанд. Дар ваќти сафарбар намудани духтарон аз рўи квота барои ноњияњои дурдаст майлу хоњиш, донишу малакаи духтарон ба инобат гирифта нашуда, бо онњо дар муассисањои таълимї дарсњои иловагї, корњои тарбиявї, фароѓатї дуруст ба роњ монда намешуд. Мављуд будани норасоињо дар ќабули духтарон, набудани шароити хуб дар ваќти тањсил, ба инобат гирифта нашудани лаёќат, майлу хоњиши духтарон ба он оварда расонидааст, ки ќисме аз духтарони тибќи квота дохилгардида вобаста ба вазъи оилавї, иќтисодї-иљтимої ва паст будани сатњи дониш мактабњои олиро тарк намудаанд, ё ба шуъбаи ѓоибона гузаштаанд. Соли 2002 ба мактабњои олї 631 нафар духтарони ноњияњои дурдаст ќабул карда шуданд. Ќайд намудан лозим аст, ки соли 2002 бо назардошти љойњои иловагии људошуда ќариб њамаи мактабњои олї аз наќшаи квотаи Президентї зиёд духтаронро ќабул намудаанд. Вале аз рўи наќшаи асосї бошад, ба камбудињо роњ дода шудааст. Нишондодњои наќшаи ќабули писарон ва духтарон ба мактабњои олии Љумњурии Тољикистон тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 январи соли 2006, №58 "Дар бораи ќабули донишљўён ба мактабњои олии љумњурї тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010" тасдиќ шудааст, њар сол ба муассисањои тањсилоти олии касбї ба теъдоди 500 нафарї барои духтарону писарон љой људо гардидааст. Дар иртибот ба ин ќарор, бо маќсади ба низом даровардани љараёни ќабул ба мактабњои олї аз рўи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон "Дастурамали ќабули духтарон ва писарон ба мактабњои олї (беимтињон) тибќи квотаи Президентї" бо ќарори мушовараи

ќшаи ќабул ба мактабњои олии Љумњурии Тољикистон 1007 љой људо гардидааст, аз љумла, барои писарон 457 ва барои духтарон 550 љой. Хушбахтона, имсол низ наќшаи ќабул тибќи к в от аи П рез и д ен т ї асосан иљро гардид. Соли тањсили 2009-2010 бошад, мувофиќи нишондодњои наќшаи ќабули писарон ва духтарон ба мактабњои олї 1151 љой људо гардид, ки аз ин 516 љой барои писарон ва 635 љой барои духтарон буд. Соли тањсили 2011-2012 мувофиќи нишондодњои наќшаи ќабули духтарон ва писарон ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон 1146 љой (духтарон 591 љой, писарон 555 љой) људо гардид. Соли тањсили 2012-2013 мувофиќи нишондод ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї 1185 љой (духтарон 607 љой, писарон 578 љой) људо гардид, ки таќсимоти љой дар вилоятњо чунин аст: Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон 144 љой, вилояти Суѓд 301 љой, вилояти Хатлон 453 љой ва ноњияњои тобеи љумњурї 287 љой. Таќсимоти љойњо дар сатњи муассисањои тањсилоти олии касбї агар солњои ќаблї наздики дањ муассисаро ташкил медод, њоло бошад, теъдоди муассисањо низ зиёд шуда, фарогирии довталабони тибќи квота зиёдтар ба роњ монда шудааст. Дар маљмўъ, аз соли 1997 то соли 2012 ба муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон 11425 нафар (8108 нафар духтар ва 3317 нафар писарон) дохил шудаанд. Њоло бошад, дар муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар 6558 нафар (3489 нафар духтар) тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон дохилгардида тањсил намуда истодаанд. Ягона камбудие, ки дар ин самт ба назар мерасад, аз љониби Вазорати рушди иќтисод ва савдо љой доштани камбудиву норасоињо дар таќсимоти ихтисосњо вобаста ба талаботи шањру ноњияњо мебошад. Аз љумла, се соли охир ба як ќатор шањру ноњияњо такроран ихтисосњое људо карда мешаванд, ки дар ин шањру ноњияњо талабот ба ин ихтисосњо нестанд (ихтисоси кимиё ва технологияи металлњои ранга дар ноњияи Љиргатол, гидрогеология ва геологияи муњандисї, дар ноњияи Рашт, геологияи нафту газ дар ноњияи Файзобод, т ехнол ог и яи чарб, рав ѓ ан и эфир ва мањсулоти атриотию косметикї дар ноњияи Муъминобод, режисёри театр ва кино дар ноњияњои Ховалинг ва Тољикобод, технология ва таљњизоти истењсолоти нахњои таббиї, сохтмони зеризаминї ва шахтањо ва ѓ.). Сафарбек САМАДОВ, сармутахассиси раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии ВМ ЉТ

Ин шабу рўз истифодабарнадагони шабакаи Интернет барномаи журналисти шинохтаи рус Владимир Соловёвро, ки хеле пештар ба воситаи радиои Вести ФМ пахш шуда будааст, мавриди баррасї ќарор дода истодаанд. Ин барнома аз таърихи тољикон ва фарњанги баланди форсизабонон њикоят мекунад. В.Соловёв дар барномаи тањти таваљљуњ адибону олимони форсизабон, аз љумла, оњангсози шинохта Зиёдулло Шањидї ва фарзанди эшон Толиб Шањидиро, ки дўсти рўзноманигор будааст ва тамаддуни њазорсолаи миллати тољикро муаррифї кардааст. Дар рафти барнома русзабононе, ки зодгоњашон Тољикистон будаасту алъон дар Россия зиндагї доштаанд, пайваста занг мезаданд ва аз хотироти ширини айёми љавонї, аз табиати нотакрори зодгоњашон наќлњо мекарданд. Соловёв бошад, ба василаи барномаи худ борњо ба шунавандагонаш бо таъкид мурољиат мекунад, ки кишвари тољикон на танњо дорои баландтарин ќуллаву табиати зебову мевањои ширин аст, балки соњиби таърихи бузург буда, ба тамаддуни башарият њиссаи арзанда гузоштааст. Мероси нобиѓагони халќи тољик доир ба илмњои нуљум, алљабр, тиб ва ѓайра дар давоми асрњо сарчашмаи омўзиш будааст. Ў ба шунавандагонаш аз ниёкони номвари мо, ки дар таърихи инсоният маќоми бузург доранд, ёдовар шуда, мегўяд: "Абўалї ибни Сино, Ал-Хоразмї, Ал-Форобї, АлБерунї, Рўдакї, Фирдавсї, Хайём, Румї, Саъдї, Њофиз, Љомї, Борбад ва Бењзод бењтарин фарзандони миллати тољиканд. Онњоро дар замони худ, берун аз њудуди Суѓди ќадим, Хуросон ва Мовароуннањр низ мешинохтанд." Соловёв дўстии худро бо Толиб

Шањидї бо ифтихор борњо таъкид карда, суруди машњури "Я встретил девушку"-ро ба воситаи родио ба самъи шунавандагонаш мерасонад, ки муаллифи шеъри он шахсияти барљастаи айёми Шўравї Мирзо Турсунзода аст. Соловёви огањ аз таърих мегўяд: "…мо, халќи рус, худро аз њама болову доно мегирем ва мегўем, ки Ломоносов дорем. Як бор аз замони Ломоносов фаротар назар афканеду худ ќазоват кунед, ки мардуми тољик то мо чї таъриху фарњангу фалсафаи ѓанї доштаанд. Солшумориеро, ки имрўз мо аз он истифода мекунем, низ тољикон тартиб додаанд. Њайрон нашавед, таърихро омўзед…" Чунон ки зикраш рафт, миёни Владимир Соловёви мазкур ва фарзанди фарзонаи миллати мо Толиб Шањидї риштаи мустањками мењру вафо барќарор будааст. Одатан инсонњои худшиносу соњибдониш ба дигарон на танњо шахсияти хешро муаррифї мекунанд, онњо рисолати муаррифгарии гузаштаву њозираи миллати хешро низ ба дўш доранд. Фаразан, ин журналисти рус бо Толиб Шањидї нею бо тољики «нав»-е шиносої медошт, назари ў нисбат ба мо чї гуна мебуд? Он гањ, бешак, ба мисли Жириновский миллати моро танњо аз њамин љињат "мешиносонд". Зинда бошанд инсонњои асиле, ки ба хазинаи фарњанги башарият њиссагузор њастанду аз файзи баракати эшон миллат ба љањониён бо некномї муаррифї мегардад! Ситорабонуи СОЊИБНАЗАР, "Омўзгор"

4ИТТИЛОЪ

ДОВТАЛАБОН ДАСТГИРЇ МЕЁБАНД

20 апрели соли љорї дар кишварамон бо ташаббуси Вазорати маориф, Барномаи "Дастгирии тањсилоти олї" ва "Барномаи идрорї"-и Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти "Љомеаи кушод" - Сандуќи њамоњангї дар Тољикистон намоишгоњ барои довталабони макотиби олї баргузор гардид. Ин навъ намоишгоњњо аз соли 2001 њамасола баргузор мешаванд ва соли гузашта дар он зиёда аз 4500 нафар ва тайи ин чанд сол дар маљмўъ зиёда аз 20 000 нафар иштирок кардаанд. Мавриди диќќати донишљўёни зиёд ќарор гирифтани ин навъ намоишгоњњо аз муњимии омўзиш байни љавонон, ки солњои охир рў ба афзоиш аст, далолат медињад. Аз ин њамоиш мактаббачањо, довталабони оянда, донишљўён ва мутахассисони љавон дар бораи имконияти васеи омўзиш дар ИДМ ва хориљ аз он бархўрдор шуданд. Дар доираи ин намоишгоњ дар бораи низоми тањсилот дар хориља ва низоми омодасозии њуљљату асноди лозимаву супоридани тестњо, инчунин аз шарту шароити гирифтани идрорпулї маърўзањои машваратї хонда шуданд. Чунин њамоиш дар шањри Хуљанд низ 22-юми апрел баргузор шуд. Дар назар аст, дар Кўлоб 3-юми май, дар Ќўрѓонтеппа 4-уми май ва дар Хоруѓ 15-уми май чунин љамъомад барпо шавад. Ситорабону НАЗАРОВА, "Омўзгор"


МУШКИЛОТ

№17 26-уми апрели соли 2013

4МУЌОВИМАТ Оре, чунин аст сиёсати пешгирифтаи Сардори давлатамон. Солњост, ки дар заминаи ин сиёсат соњаи маориф рушд меёбад. Шумораи мактабу муассисањои таълимї торафт афзуда, бо васоити зарурии таълимї муљањњаз мегарданд. Сарвари давлатамон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон дар расми кушодашавии аксари ин муассисањо ширкат варзида, барои пешрафти таълим дуои нек додаанд. Аз љумла, хонандагону омўзгорони мактаби тањсилоти миёнаи умумии №53-и ноњияи Восеъ, сокинони шањраки Восеъ шоњиди чунин як вохўрии самимї буданд. Ман дар сиёсати худ маорифро дар мадди аввал мегузорам. Эмомалї РАЊМОН Давоми панљ-шаш соли охир дар ноњия 7 мактаб аз нав сохта, ќисми зиёди дигарашон таъмири пурра гардиданд. Ва њоло сохтмони ду бинои мактаби дигар идома дорад. Сокинони дењаи Зафарободи љамоати дењоти Гулистон низ ин бунёдкорињоро дида, барои бењдошти вазъи мактаби дењаи худ ба њукумати ноњия, Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон мурољиат намуданд. Охир, фарзандони онњо низ мехоњанд дар бинои барњавои наву замонавї ва бо воситањои зарурї таъмин

Ё худ чаро Худоёри Набї дар кори сохтмони бинои мактаб монеа эљод мекунад тањсил намоянд, на дар як чањордевори фарсудае. Ва ин фикрро директори њамин мактаб- мактаби тањсилоти умумии асосии №41 Абдусаттор Ањмадшоев таќвият бахшид. Номбурда зимни суњбат иброз дошт, ки бинои мактабашон собиќ мурѓхона аст, ки аз рўи ночорї аз соли 1997 инљониб онро њамчун мактаб истифода мебаранд. Ин ба ном мактаб аз шаш синфхона иборат буда, дар он 265 нафар хонанда дар се баст тањсил менамоянд. Ањолии дења сол аз сол зиёд мешавад. Алњол дар ин љо 160 оила зиндагї мекунад. Аксари хонадагон баъди хатми синфи 9 бо сабаби дур будани мактаби дењаи њамсоя (зиёда аз се километр) тањсилро идома дода наметавонанд. Дуруст аст, ки соли тањсили љорї хатмкардагони синфи нўњум бо вуљуди дурии роњ бо дастгирї ва ташвиќи директор Абдусаттор Ањмадшоев тањсилро идома доданд. Вале падару модарон дар ташвишанд. - Аз ин хотир,- мегўяд А.Ањмадшоев,- мо дар дастљамъї бо сокинони дења барои сохтмони бинои нави мактаб ба њукумати ноњияи Восеъ ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон мурољиат намудем… Мактуби сокинони дења ва роњбарияти мактаби раќами 41 бељавоб намонд. Њафтае нагузашта вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов, собиќ раиси ноњияи Восеъ Султон Валиев, муовини раиси ноњия Нурулло Мирзоев, сардори бахши меъморї ва шањрсозии ноњия Отабек Муќимов дар якљоягї аз вазъи мактаб дидан намуданд.

Хулоса карданд, ки њарчї зудтар бинои нави мактаб сохта шавад. Ба ќароре омаданд, ки бинои мактаб дар замини шафати фермаи чорводории хољагии дењќонии "Њулбук", ки ќаблан боѓ будааст, бунёд гардад. Аз ин ќарор њама хурсанд буданд, хурсандии толибилмон бештар. Лоињаи бино аз тарафи дирексияи сохтмонии Вазорати маориф тарњрезї шуда, маблаѓ људо гардид. Танњо истифодаи замини зери сохтмон ќарордоштаро ќонунї гардонидан лозим буд. Ва ин њангом замин соњиб пайдо кард: хољагии дењќонии "Њулбук", аниќтараш, раиси он Худоёри Набї. Њама бар он шуданд, ки маљлиси умумии сањмдоронро даъват намоянд, то он хулосаи худро барорад. Вале чизи дигар ин љо муаммост. Чаро раиси хољагї Худоёри Набї нисбати људо кардани ќитъаи замин барои сохтмони бинои мактаб садди роњ шуда, бе розигии маљлиси сањмдорон, бар хилофи ќонунњои мављуда ферма ва ин заминро ба кадом як ширкат ва ё фирмаи дар шањри Душанбе буда, ки масъулаш Мўсоев ном шахс будааст, ба иљора медодааст. Ва њамчунин, боиси андешаронї аст, ки чаро идораи кишоварзии ноњия дар њисоботи худ дар иљлосияи маљлиси вакилони халќи ноњия ба љои тањлили пурраи фаъолияти хољагии "Њулбук" ба масъалаи замини сохтмони мактаб часпида, дар ин бахш Худоёри Набиро дастгирї намуд. Хушбахтона, мавзўи бардоштаи идораи кишоварзї аз тарафи вакилон дастгирї наёфт, њатто, мањкум гардид. Хуллас, 8 марти соли 2013

маљлис бо иштироки 160 нафар сањмдорон ва сокинони дењаи Зафаробод баргузор гардид. Собиќ сардори дастгоњи раиси ноњия А.Толибов, мудири шуъбаи маорифи ноњия М. Давлатёров, раиси мањалла Р. Шерхонов, имомхатиби дења Ф. Заровуддинов баромад карда, људо кардани замину сохтмони бинои мактабро маъќул шумориданд. Иштирокдорони маљлис-сањмдорон ва сокинони хољагї ин таклифро љонибдорї намуда, овоз доданд. Ва барои тасдиќи райъашон санад тартиб дода, имзо њам карданд, ба љуз раиси хољагї Худоёри Набї, ки аќидае чунин дорад: "Интихоби замин барои сохтмони бинои нави мактаб нодуруст буда, ў дар ин мавзеъ оянда маќсади барќарор кардани фермаи хољагиро дорад. Аз тарафи дигар, замини ферма макони касалињои сироятї буда, барои саломатии кўдакон хатарнок мебошад". Аљаб фаъолияту кашфиёте. Кадом ферма? Њамон фермаи биноњояш бедевору ќисман болопўшу болорњояш фурўрафта? Ва бо кадом маблаѓ фермаро барќарор мекарда бошад? Њол он ки хољагї тавони пардохти андозро надошта, зери ќарз мондааст. Наход, љаноби Худоёр мурѓхона- мактабро набинад, ки фарзандони сањмдоронаш он љо тањсил мекунанду манбаи њар гуна беморист. - Агар раис як бор дохили бинои мактаб мешуду бўи нафасгири то ин дам мављудаи онро ба машом мекашид ва агар заррае рањму шафќат медошт, барои кўдакони сањмдоронаш, ки ояндаи љамъиятанд, давутоз мекард,

Њ.ЊАМИДОВ, рўзноманигор, узви ИЖТ, С. ОДИНАЕВ, мушовири шуъбаи маориф, узви ИЖТ, Наљот САФРЗОДА, мухбири рўзномаи "Хатлон"

4ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ

4ВОХЎРЇ

ВАЌТЕ КИ МАСЪУЛИЯТ НЕСТ… Чанде пеш дар толори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №5-и шањри Вањдат доир ба маќому манзалати омўзгор, рафти иљрои дастуру супоришњои Президенти мамлакат дар бобати баланд бардоштани сифати тањсилот, танзими ќонуну ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", фаъолияти аъзои њизби халќї-демократии Тољикистон, танзими оила, танзими анъана ва љашну маросимњо ва дигар масъалањои соњаи мактабу мактабдорї вохўрии ањли маорифи шањр бо муовини раиси шањр Фотима Табарова, раиси кумитаи иљроияи шањрии њизби халќїдемократии Тољикистон Раљабмурод Љалилов, мудири шуъбаи маорифи шањр Сафаралї Камолов доир гардид. Муовини раиси шањр Фотима Табарова аз он ёдовар шуд, ки зиёиён њамеша пешсафу пешќадам ва роњбару роњнамои ањли љомеа мебошанд. Мардум ба хизмати омўзгор њамеша ниёз дорад. Њукумати Тољикистон ба соњаи маориф диќќати аввалиндараља дода, онро соњаи афзалиятнок арзёбї кардааст. Базаи моддиву техникии мактабњо торафт бењ мегардад. Њангоми боздидњо ва шиносої бо фаъолияти омўзгорон мо, эњсос мекунем, ки дастовардњои соњаи маориф сол то сол меафзоянд. Вале њоло њам сарварони мактабу омўзгорони алоњида, ба ќадри талаботи давру замон кору фаъолият надоранд. Ќонуншиканињо аз тарафи љавонон, махсусан хонандагон дида мешавад, ки ин нишонаи суст будани таълим ва тарбия аст. Мушоњидањо гувоњї медињанд, ки баъзе омўзгорон бо дили гарм кор намекунанд. Нисбат ба дониши

сањм мегузошт. Вале гумон мекунем, ки шояд ин љо сири дигаре нињон бошад, ки барои мо номафњум аст. Собиќ мудири фермаи мазкур, вакили маљлиси вакилони халќи ноњияи Восеъ аз њисоби интихобкунандагони дењаи Зафаробод Шамсиддин Абдураззоќов замини фермаи чорводорї будани ќитъаи замини барои мактаб интихобшударо ба куллї рад менамояд. - Давоми дањ сол мудирии њамин фермаро ба ўњда доштам. Намунавї буд. Замини мазкур бекорхобида буду ба ферма тааллуќ надошт. Бо ќувваи коргарони ферма онро боѓ кардем ва барои эмин доштани он атрофашро девор гирифтем. Дар ягон њуљљат замини ферма будани он ќайд нашуда буд. Имрўз, ки зарурати сохтмони мактаб пеш омадааст, бигузор, мактаб шавад. Кўдакон , фарзандон барои мо азизтаранд. Њама чиз бояд барои бењбудї ва хушии кўдакону толибилмон бошад. Мо аминем, ки бо дастгирии њукумати ноњия, вилояту љумњурї мактаб сохта мешавад ва хонандагон аз он бањравар гардида, дар шароити созгор таълиму тарбия мегиранд ва ворисони сазовори гузаштаву имрўзаи худ мегарданд. Оре, ба ин мо низ бовар дорем. Шањодати ин оѓози сохтмон, кандани тањкурсии бинои мактаб аст, ки ба пофишорию муќобилияти љаноби Худоёри Набї нигоњ накарда, аз тарафи бинокорони ширкати сохтмонии "Ниагара-А" бо суръат идома дорад. Бовар дорем, ки соли оянда хонандагон тањсили худро дар мактаби наву замонавї идома хоњанд дод.

шогирдон ва таќдири ояндаи онњо бепарвоянд. Бе тайёрї ба дарс меоянд. Машѓулиятњояшон якрангу дилгиркунанда мегузарад. Аз пайи эљодкорї нестанд. Дар ќисмати њуљљатдорї, дафтардорї, навишти шиору овезањо ѓалатњои зиёд ба чашм мерасанд. Интизоми мактаббачањо хеле коста гардидааст. Мактабњо бо волидон алоќаи устувор надоранд. Барои њамин бандњои алоњидаи Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" хеле суст амалї мегарданд. Фаъолияти ташкилотњои љамъиятии мактабиро љоннок кардан лозим аст. Мо имрўз соњиби ду мактаби хонандагони боистеъдоду лаёќатманд: гимназияи ба номи Т.Собиров ва гимназияи ба номи А.Балъамї њастем. Вале дар асл дониши як гурўњи хонандагони ин мактабњо ба њамон номи олии "лаёќатманд" мувофиќ нест. Сатњи сифати дониши хонандагони

ин мактабњо хеле паст буда, ба талаботи стандартњои ягонаи тањсилот љавобгў нестанд. Маъмурияти ин таълимгоњњо ва тамоми омўзгорони мактабњои шањрро зарур аст, ки барои ин ду мактаби хонандагони арзандаро гирд оранд. Суњбати раиси кумитаи иљроияи шањрии њизби халќи-демократии Тољикистон Раљабмурод Љалилов ба мавзўи худомўзии омўзгор, такмил додани дониш, аъзои њизб будану барои халќу Ватан хизмат намудани омўзгор бахшида шуд. Ў ќайд намуд, ки омўзгор баробари дониши баланд доштан бояд аз љињати идеологї, аќида устувор бошад, манфиатњои давлат ва миллатро аз њама боло донад. Ана, њамон ваќт гуфтањои ў ба њадаф мерасанд. Дар пеш интихоботи навбатии президентї истодааст. Мо бояд бо аќидаи устувор, бо шукргузорї аз дастовардњои истиќлол ба ин марњила омодагї бинем. Маъракаи сиёсї аз њар кадоми мо њушёрии сиёсиро талаб мекунад. Њар ќадаре ба Ватан, ба миллат ва давлату њизби худ содиќ бошем, њамон ќадар иќтидори мо неруи тоза мегирад. Мудири шуъбаи маориф Сафаралї Камолов ањли кормандони соњаи маорифро ба он даъват кард, ки дар кори худ содиќ бошанд. Сазовори номи пуршарафи муаллим кору амал намоянд. Дар охир бањри ислоњи камбудињо ва рушди минбаъдаи соњаи маориф ба шахсони масъул маслињату супоришњои мушаххас дода шуданд. Саидмурод ИСКАНДАРЇ, рўзноманигор

ТАЛАБОТИ ЯГОНА

Ташкили хуби кори таълиму тарбияро коллективи омўзгории коллељи информатика ва техникаи компютерї асоси талаботи ягонаи педагогї мешуморанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки агар дар гурўњњо кор ба талабот љавобгў набошад, талаботи ягонаи педагогї вуљуд дошта наметавонад. Устоњои таълими истењсолї њангоми гузаронидани дарсњои назариявї-истењсолї ва ташкили он ба масъалањои интизом , дониш, касбомўзї, вобаста намудани љойи нишасти хонанда дар синфхона, устохонањо диќќати махсус медињанд. Устоњои таълими истењсолї талаботи ягонаи педагогиро ба сатњи дониш, мањорату истеъдоди касбомўзї, дар доираи меъёрњои бањогузорї доимо ба инобат мегиранд. Њангоми дарсњои таълимї-истењсолї диќќат додан ба алоќамандии фанњои махсус аз талаботи дигари мањорати педагогї мебошад. Ѓайр аз ин, дар давраи таљрибаомўзии истењсолї дар корхонаю муассисањо хонандагонро аз наздик бо коргарон шинос намуда, ба сафи ихтироъкорон дохил менамоянд, ки хеле муњим мебошад. Талаботи ягона, пеш аз њама, ба сатњи маданияту маърифатнокии устоњо вобаста аст. Мо кўшиш мекунем, ки онњо дар сатњи баланди педагогї ќарор дошта бошанд. Методикаи тарбияро наѓз омўзанд ва вазифаи худро доимо иљро намоянд. Ба ин хотир роњбарияти коллељ бо мутахассисони љавон бештар корњои инфиродї, суњбату машѓулиятњо барои такмили донишу ихтисоси онњо ташкил менамоянд. Дар баробари он оид ба таѓироти педагогикаи коргарї, ихтирокорию навъоварї, љорї намудани методикаи нав машѓулиятњои амалї гузаронида мешаванд. Р.ШАРИФОВ, директори коллељи информатика ва техникаи компютерии шањри Душанбе


АНДЕША

№17 26-уми апрели соли 2013

4ФИДОИЁНИ СОЊА Накўтар хислати олии инсон, Бидон, дар партави омўзгор аст.

Баробари ворид шудани муаллим дар синф хомўшї њукмфармо гардид. Њама баробар аз љо хеста, бо фарањмандї нигањ сўи устод дўхтанд. Муаллим ба чењраи маъсум ва зебои кўдакони фариштахў нигариста, бо табъи болида аз дил мегузаронд: - Чї саодати беинтињост омўзгор будан. Дари илму маърифатро ба рўи ин тифлакони дўстрў во намудан ба њар кас муяссар намешавад. Омўзгорї касби пурифтихор, аммо басо мушкил ва тањаммулпазир аст. Охир, муаллим меъмори рўњи инсон аст ва бояд рўњшиноси тавоно ва ќудратманд бошад. Албатта, поягузори бинои маърифати њар инсон хонавода аст. Аммо хишти аввалро дар ин зербино мањз омўзгор мегузорад. Омўзгоре, ки касбашро дўст медорад ва аз он бештар, дилбастаи кўдакон аст… Муњаббат аз кўдакї ба ин касб мењр дошт. Њанўз аз овони тифлї орзу дошт, ки муаллим шавад. Волидон низ аз интихоби фарзанд шодмону ризоманд буданд. Падар, ки дењќон буду умре бо араќи љабин

НОНИ ЊАЛОЛИ ОМЎЗГОР

ва обилаи кафи даст нон мехўрд, пайваста насињат мекард: - Саъй кунед, ки як умр луќмаи њалол хўред… Ин панди падар дар гўш баъди хатми мактаби њафтсолаи дења соли 1960 донишљўи омўзишгоњи маданї-равшаннамоии ноњияи Рўдакї гардида, баъди ду сол ба њайси муаллими мусиќї дар мактаби ба номи Некрасови ноњияи Данѓара фаъолияти омўзгории хешро оѓоз кард. Муносибати сарди маъмурият ба ин фан, нарасидани китобњои дарсї ва ба талабот љавобгў набудани дониши хонандагон ўро водор сохт, ки мањорати педагогї ва дониши худро боз њам сайќал дињад. Дубора донишљў гардид-донишљўи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Абўабдуллоњи Рўдакии шањри Кўлоб. Ўро баъди хатми факултети забон ва адабиёти тољики ин даргоњи таълимї дар мактаби миёнаи №24-и дењаи Бобосафоли поён (њоло ба номи Сайф Рањимзоди Афардї) муаллими синфњои ибтидої таъин карданд. Муњаббат Азимов ба

зудї дар ноњия, вилоят ва берун аз он њамчун омўзгори кордон ва муваффаќ шинохта шуд. Ин марди хирад, ки беш аз нисфи умри хеш пайи таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, то ба нафаќа баромадан сарварии мактаби таљрибаи пешќадами синфњои ибтидоии маорифи ноњияи Фархорро ба уњда дошт. Имрўз низ миёни њамкасбон шоистаи эњтиром асту дар борааш бо мењр њарф мезананд. - Аслан муаллим кам нест, вале на њар кас мисли Муњаббат Азимов сазовори номи пурэњтироми устод мегардад, - мегўяд сарвари таълимгоњ Адолат Бўриева ва бо таассуфу дард илова мекунад, - имрўз низ шояд аз мактаб дур намешуд, агар саломатї имконаш медод... -Барои ў хуштарин садо, бењтарин наво, дилљўтарин оњанг ин садои зангўлаи мактаб аст, ки имрўзњо хеле пазмонаш шудааст. Аммо беморие, ки тайи чанд соли охир мубтало гардид, ўро дигар имкони идома додани фаъолияти омўзгорї намедињад. Устод хоњиш мекунад, ки баъди мурдан маро дар њавлии мактаб гўронед, то њар рўз садои зангўлаи мактабро шунаваму

ором хоб равам, - пурдард мегўяд додараш Мањмадалї, ки доиман аз њоли бародар хабар мегирад. Барои хизматњои арзанда Муњаббат Азимов бо унвони Муаллими хизматнишондодаи Љумњурии Тољикистон ва чандин ифтихорнома мукофотонида шудааст. Соли љорї Муњаббат Азимовро барои хизматњои бисёрсолаи бенуќсон, сањми арзанда дар пешрафти кори мактаб, таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани кадрњои болаёќат ва иштироки фаъолона дар њаёти љамъиятии ноњия бо унвони таъсисдодаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фархор "Омўзгори фахрии ноњияи Фархор" ва маблаѓи 2000 сомонї ва ифтихорномаи раиси ноњия ќадр карданд. - Ман хушбахтам, ки Худованд ин касби пуршарафро насибам гардондааст. Шодам, ки шогирдонам имрўзњо дар љомеа маќоми сазовор доранд, - бо ифтихору ќаноатмандї изњор мекунад Муњаббат Азимов. Ин марди њалиму мењрубон баробари кори пурсамари омўзгорї њафт фарзандро тарбия карда, дар роњи ростиву накўкорї ва донишандўзї ба воя расондааст. Имрўз чун як падари хушбахту батолеъ ба онњо пайваста як чизро талќин мекунад: - Дар њар куљое набошед, дар њар вазъе гирифтор нагардед, шумо, ки бо нони њалоли омўзгор бузург шудаед, луќмаи нони њалол хўред. Шарифи АБДУЛЊАМИД, "Омўзгор"

4МУЛОЊИЗА ВА ПЕШНИЊОД Дар шароити маблаѓгузории сарикасї маблаѓњо аз буљет мувофиќи меъёри вобаста ба ду сарчашма ворид мегарданд. Яке аз њисоби мактаб, яъне мувофиќи меъёр мактабњои тањсилоти умумии ибтидої, асосї, миёна, новобаста ба миќдори талабагон, дигаре вобаста ба миќдори талабагон, яъне дар мактаб њар ќадар хонандагон зиёд бошанд, њамон ќадар маблаѓи зиёд људо карда мешавад. Инчунин, ба мактабњо метавонанд аз дигар сарчашмањо маблаѓ ворид карда шавад. Аз њисби хољагии ёрирасони мактаб, падару модарон, хайрияњо аз њисоби ташкилоту одамони саховатманд ва дигар сарчашмањо. Њамаи маблаѓњо, албатта, мавќеи сарфу харљи худро доранд, вале ќисми асосии онњо барои пардохти музди мењнат равона карда мешаванд.Фонди њавасмандгардонии моддии муаллимон бошад, дар асоси дастурамал аз њисоби маблаѓи ба пардохти музди мењнат равонакардаи буљет ташкил карда мешавад, яъне дар асоси дастурамал ва ставкањои барои пардохти музди мењнати муаллимон пешнињодкардашуда ва як ќисми он 25 % - аш ба фонди њавасмандгардонии моддї гузаронида мешавад. Фарзи мисол, фонди музди мењнат агар 100 њазор сомонї бошад 25 њазор сомонї барои фонди њавасмандгардонии моддї људо карда шуда, 75 њазор сомонии дигари он мувофиќи дастурамал барои дарс, тафтиши дафтар, роњбарии синф, мудирии кабинетњои фаннї њар моњ мувофиќи табел дода мешавад. Дар мактаб ба риояи интизоми мењнат диќќат бояд дод. Масалан, роњбарияти мактаб пеш аз ба дарс шурўъ намудани муаллим, аввал тайёрии худи муаллимро санљад, ба дарс тайёр будан, (барномаи корї, конспект, асбобњои аёнї) саломатии муаллим ва дигар вазъияти муаллимро санљида, барои ба дарс даромадан ба ў рухсат дињад. Дар њолати ба дарс тайёр набудан, бо барнома мувофиќ набудани дарси омўзгор, набудани асбобњои аёнї (аз рўи имконият) бад будани ањволи саломатї, зиёд будани эњсосот, муаллимро ба дарс даромадан иљозат надињад.Чунин рафтори роњбари мактаб аз як тараф масъулияти муаллимро барои дарс зиёд намояд, аз тарафи дигар эњтиром ба хонандагон мебошад. Ба муаллимоне, ки ба дарс бе тайёрї омаданд ё умуман бесабаб, ё босабаб ба мактаб наомаданд, дар табели бањисобгирии вакти корї аломати ѓоиб монда, њамон рўз ё њамон соат ба онњо маош дода нашавад. Дар бисёр мактабњои дењањо майдони варзишї ё худ асбобњои варзиш, инчунин, синфхонаи таъ-

лими мењнат мављуд нест, бинобар њамин, дарсњо ба ном гузаранда мешаванд. Агар имкон набошад, хусусан дар фасли сармо, њамин дарсњоро нагузаранд. Масалан, ба муаллими дорои маълумоти олї, аммо ихтисосаш, дигар, ки дарси варзиш мегузарад, як ставкаи пурра не, балки

ним ставка њаќгузорї карда шавад. Ба љои 333 сомонї 166,50 сомонї ба фонди њавасмандгардонии моддї гузаронида шавад. Дарсњои варзиш ва таълими мењнату санъати тасвирї аз рўйи барнома гузаронда шаванд. Асбобњои варзишї ё таълими мењнату расмкашї, агар дар мактаб мављуд набошанд, хонандагонро ба дигар мактаби њамсояи марзи ноњия бурда бо чунин асбобњо, аз љумла майдончањои варзишї, тўр, теннис ва дигар асбобњо шинос намоянд. Дар њамин љо, ќайд кардан зарур аст, ки маоши муаллимонро аз миќдори хонандагон низ вобаста кардан дуруст мебошад . Масалан, агар дар синф 20 нафар хонанда бошад, ставка пурра пардохта шавад, агар кам бошад, масалан, синф 14 хонанда дошта бошад, ставка пурра не, балки 85 - 90 фоиз дода шавад. Синфњое, ки аз 25 нафар зиёд хонанда доранд, ставка 1,10 - 1,15 пардохта шавад, бењтар аст. (Албатта, бо назардошти шароити мактаб ва вазъи ѓунљоиши синфхонањо.) Хонандагон асосан дорои ќобилияту дониши њархелаанд. Аз ин нигоњ. хонандагони њар як синфро, ба се гурўњ људо кардан мумкин аст: гурўњи хубу аълохонњо, миёнахонњо. Бадхонњо. Дар мактаб чунин вазъиятро доимо назорат кардан лозим аст. Масалан, дар љамбасти чоряки якуми соли хониш аз 25 нафар хонандаи синфи 7 - ум хубу аълохон 6 нафар, миёнахон - 15 нафар, бадхон - 4 нафар. Барои њавасмандгардонии моддии муаллимони фаннии синфњои

ибтидої ва роњбарони синф дар мактаб комиссияи санљишї ташкил карда мешавад. Комиссия дар муддати кўтоњ дониши хонандагонро санљида, шумораи аълохонњо, миёнахонњо ва бадхонњоро муќаррар менамояд ва ба маъмурияти мактаб барои њавасмандгардонии моддии муаллимон пешнињод менамояд. Муњосиб - иќтисодчии мактаб дар асоси дастурамали дар аввали соли хониш тартибдода ва аз љониби маъмурияти мактаб тасдиќгардида хулосаи комиссияи санљишї, донишазхудкунии хонандагонро гирифта ба муаллимон ва роњбарони синф музди иловагї (мукофотпулї) њисоб мекунад. Љамъи музди иловагї ва мукофотпулињо дар соли аввал бояд аз 25 фоизи фонди музди мењнат зиёд набошад . Дар солњои минбаъда фаъолияти кори муаллим аз кам шудани сафи бадхонњо ва зиёд шудани аълохонњо дар синф ба њисоб гирифта шуда, агар теъдоди аълохонњо аз 50 % зиёд бошад, ба муаллими фаннї додани мукофотпулии якваќта дода мешавад. Шуъбаи маорифи ноњия барои санљиши кори роњбарияти мактаб комиссия таъсис медињад, ки вай кори директор, љонишини таълимї ва љонишини тарбиявиро санљида барои гирифтани музди иловагї (мукофот) рухсат медињад . Дар вакти гузаронидани санљиш бањои аввал ба донишазхудкунї ва давомоти хонандагон дар соли хониш дода мешавад. Ба кори китобдор, сарпешоњанг, мудири лабаратория, љонишини таълимї, муаллими омодагии дифои њарбї, љонишини директор оид ба хољагї њисоби миёнаи роњбарони мактаб кифоягї мекунад. Роњбарияти мактаб ба дараљаи кориљрокунии ин кормандон дар давоми сол бањо дода, бо фармоиши худ андозаи додани музди иловагиро муќаррар мекунад . Ба њамагон маълум аст, ки на њамаи муаллимон гарчанде мутахассиси соњаи худ њам бошанд, ќобилияти хуби фањмондадињї ва ё аз хонанда талаб кардани донишро доранд. Бинобар ин, ба маќсад мувофиќ аст, ки муаллимони ќобилиятнок дар њар минтаќа муќаррар карда шаванд. Масалан, дар њар 4 - 5 мактаби миёна муаллими фанњои математика, химия, физика, адабиёт, география, таълими мењнат, варзиш,

санъати тасвирии (расмкашї) ќобилиятнок донисташуда дарс медињанд. Бењтар мешавад, ки дарсњои онњо дар рўзњои муайян гузошта шаванд, то талабагоне, ки хоњиши ба дарсњои чунин муаллимон иштирок кардан доранд, аз дигар мактабњо омада иштирок кунанд. Роњбарони мактабњо талабагони хоњишмандро, ки фанњои дўстдоштаи худро мехоњанд хубтар аз худ намоянд, муайян карда, барои ба дарси муаллими ќобилиятноки дигар мактаб иштирок кардан бо шартнома дар рўзу соати муайян мефиристанд. Масалан, рўзњои душанбе аз соати 11 то 13 дар мактаби њамсоя барои синфњои 9 - 11 дарси адабиёт, химия, география мегузарад. Хоњишмандон метавонанд ба ин дарсњо омада иштирок кунанд. Мувофиќи шартнома мактаб барои иштироки талабагонаш дар дигар мактаб маблаѓ медињад ва маблаѓњо ба маоши муаллимони лаёќатманд илова карда мешавад. Маоши муаллимони ќобилиятнокро аз њисоби сањми волидон метавон зиёд кард. Барои пурра кардани сафи муаллимони ихтисосманд дар

мактаб хуб мешуд, ки аз њисоби хонандагони худи мактаб чунин мутахассисро омода созанд. Дар ваќти тањсил ва хатми мактаб ба хонандагон ёрї расондан лозим аст. Ба онњо барои ба мактабњои олї фиристондан тавсия додан лозим. Инчунин, ба ќадри имкон аз њисоби маблаѓњое, ки дар мактаб мављуд аст, њар сол як ё ду маротиба ба чунин донишљўён ёрии моддї расондан ба манфиати кор аст. Хулоса, маќсади асосии њавасмандии моддии муаллимон як такон, як омили муњимест барои дарсазхудкунии хонандагон ва ин тадбирњои зарурианд. Муаллим њам, бояд ѓамхории давлатро њис кунад, нисбат ба фарзандони халќ, ки таќдири ояндаи онњо дар дасти вай мебошад, ѓамхор бошад . Байни муаллим ва хонанда як мењри устодї ва шогирдї пайдо шуданаш лозим аст . Барои њамин њам устод ва њам шогирд якдигарро њурмат кунанд ба сўйи ояндаи дурахшони кишварамон бо дасти поку дили гарм нигоњ кунанд. Дўстмурод ШЕРОВ, сариќтисодчии шуъбаи маорифи ноњияи Њисор

4ЭЊТИРОМ

МЕЊРИ УСТОДОН УСТОДАМ КАРД Нахустин ќадамњои худро ба даргоњи илму маърифат, мактаб њељ гоњ фаромўш намекунам. Чунки дар он лањзањо барои омўзиши илм эњтиёљ доштам. Маро устоди азизу ќадрдонам шодравон Алимардон Ќурбонов солњои талабагиам бо лаби пур аз ханда ва мењру самимият пешвоз гирифта буд. Моњи майи соли 1988 устоди мо барои адои хизмати Модар Ватан рафт ва баъдан маро устодони дигар Барногул Асророва, Нозанин Сафарова ва Сумангул Бегова дарс доданд. Чун хонандаи синфњои болої шудам, як ќатор омўзгорони дигар бароям роњи дурусти њаётро омўхтанд. Баъди хатми мактаб ман њуљљатњоямро ба филиали Омўзишгоњи омўзгории шањри Ќўрѓонтеппа дар ноњияи Панљ супоридам. Њангоми дар омўзишгоњ хонданам устодони дигари мењрубон ба монанди Шарофиддин Асомуддинзода ва Анвар Одинаев бароям боз роњи дурусти њаётро омўхтанд. Баъди хатми омўзишгоњ барои кор кардан ба мактаби аввалаам, ки муддати 11 сол дар он љо тањсил карда будам, омадам. Дар он љо ман њамаи нозукињои касби омўзгориро аз муаллимаи ботаљриба- Зайнурахон Муњаммадиева, ки дар дилу дидаи мардум љо гирифта буд, омўхтам. Мањз мењри ин омўзгорон буд, ки ман шайдои ин касб шудам. Баъди чанде устод Ѓиёс Бекназаров маро ба озмуни "Муаллими љавон" пешнињод кард. Хушбахтона, дар он озмун сазовори љои дуюм гардидам. Баъдан тасмим гирифтам, ки дониши хешро дар ин љода сайќал дињам. Соли 2007 њуљљатњоямро ба факултаи биологияи ДДОТ ба номи С.Айнї супоридам. Худи њамон сол маро ба њайси муаллими биология ба литсейи ноњия даъват карданд. Дар литсейи давлатии ноњия маро бонуи боистеъдоду сухандон ва њалиму мењрубон Заррагул Давлатова бо хандаю суханони ширин ќабул намуд. Баъди ба вазифаи дигар гузаштани муаллима Каримљон Файзиев ба њайси роњбар ба литсей омад. Ман дар он лањзањо барои идомаи дарс ба донишгоњ рафта будам. Њангоми аввалин маротиба бо ин устод њамсуњбат шуданам суханони ширини ў ва устод А.Абдурањимов панди зиндагиам гаштанд. Мањз мушфиќию мењрубонї ва суханони неки устодон буд, ки ин касби аз њама бузург дар дили ман љо гирифт. Хушвахт ЉОБИРОВ, омўзгори литсейи давлатии ноњияи Панљ


ФАЪОЛИЯТ 4СУЊБАТ - Муаллим, маълум аст, ки гимназияи №53 дар заминаи мактаби шуњратёри ба номи Муњаббат Мањмудова таъсис дода шудааст. - Оре, мактаби мазкур соли 1965 фаъолияти худро оѓоз намудааст. Ин муассисаи таълимї бањри 964 нафар хонанда сохта шудааст. Соли 2005 мактаб ба гимназия табдил дода шуд. Айни њол дар ин боргоњи маърифат 1949 нафар толибилм ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Њоло беш аз 20 шогирди гимназия дар хориљи кишвар (макотиби олии мамолики Россия, Чин, Туркия, Украина, Ќазоќистон) тањсилро идома медињанд. - Дар љаласаву њамоишњо, ки дар раёсати маорифи шањр ва шуъбаи маорифи ноњия баргузор мегарданд, ќабл аз њама, аз боби дастовардњои гимназияи шумо ва муваффаќияти хонандагонатон њарф дар миён андохта мешавад. Сабаб дар чист? - Ин нукта љойи бањс надорад. Ба таври мушаххас метавон ќайд кард, ки соли гузашта дар озмунњои фаннии љумњуриявї се нафар толибилми гимназия соњиби љойњои намоён гардиданд. Хонандаи гимназия - Шоњрух Тољиддинов таълимгоњро бо медали тилло хатм намуд. Дохилшавии шогирдони гимназия ба мактабњои олии гуногуни љумњурї 96,6 дар садро ташкил медињад. Соли гузашта дар озмуни "Хонандаи бењтарини соли 2012" ду нафар хонанда - Шањроми Шоњназар (синфи 10) ва Забир Мањмудов (синфи 11) иштирок варзида, љойи якумро соњиб гардиданд. Дар сабќати "Синфи бењтарини сол" синфи 9 "в" (роњбараш Роњат Абдусамадова) сазовори љойи аввал шуданд. Омўзгори гимназия Давлатшо Мањмудов дар озмуни "Муаллими сол" иштирок карда, љойи дуюмро ишѓол кард. Синфхонаи бењтарини фаннї бошад, синфхонаи фанни математика (роњбараш муаллима Лола Љабборова) шинохта шуд. - Дар масъалаи гузаронидани таътилњо ва ташкили дарсњои иловагї мудирияти гимназия чї гуна амалњову наќшањоро ба анљом мерасонад? - Рањбарияти гимназия тибќи ќарори мушовараи Вазорати маорифи ЉТ наќша ва чорабинињо тартиб дода, аз рўи он, аз љумла семинари омўзгорони ноњияи Исмоили Сомониро дар таълимгоњ баргузор намуд. Дар олимпиадаи шањрї 48 нафар хонандаи гимназия иштирок карданд. Хонандагони синфи Х1 Забир Мањмудов аз

№17 26-уми апрели соли 2013

фанни забони русї - љойи аввал, синфи Х1 Шањбоз Сабуров аз фанни таърихи халќи тољик - љойи сеюм, синфи Х Шањроми Шоњназар љойи дуюм аз фанни физика, синфи 1Х Нозанин Валихољаева - љойи сеюм аз фанни физика, - синфи 1Х Ромиши Шоњназар - љойи якум аз фанни химияро соњиб гардиданд. Дар рўзњои таътил, дар гимназия машѓулиятњои омўзиши технологияи муосир барои омўзгорон, тавзењи нуктањои асосии "Имлои забони то-

муљањњаз бо асбобу технологияи муосир мављуд мебошад. Дар муассисаи мо 63 адад компютер ва 3 тахтаи электронї мавриди истифодаи устодону шогирдон ќарор дорад. Ба 13 нафар хонанда як компютер рост меояд. 92 нафар омўзгори пуртаљрибаву њирфаї алъон ба фарзандони мањалла машѓулият мегузаронанд. Аз ин теъдод, 22 нафарашон нафаќахўрон ба шумор мераванд, ки онњо шахсиятњои пуркору

ДАРИ БОЗИ ИЌБОЛ МУЊОВАРА БО САРВАРИ ГИМНАЗИЯИ №53-И ШАЊРИ ДУШАНБЕ АЗИЗБЕК БОРОНОВ

љикї", донистани санадњои меъёрию њуќуќї гузаронида мешаванд. Ташкил ва ба роњ мондани мусобиќањои варзишї, озмуни "Волидайни бењтарин" аз ќабили чорабинињои дигари маъмурияти гимназия мањсуб меёбанд. Дар рўзњои таътили бањорї хонандагони гимназия аз Осорхона ва Китобхонаи миллї дидан ба амал оварда, дар намоишномањои гуногуни театрњо ва барномањои љолиби сирк ширкат намуданд. - Татбиќи Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар гимназия чї тавр ба роњ монда шудааст? -Болотар таъкид кардем, ки мо њамасола озмуни "Волидайни бењтарин"-ро мегузаронем. Дар гимназия рўзњои шанбеи њар њафта "Рўзњои падару модарон" эълон карда шудааст. Давра ба давра маљлису љамъомадњои падару модарон гузаронида мешаванд. Ќобили зикр аст, ки баъди ќабули Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таваљљуњи волидон ба таълиму тарбия ва сабаќомўзии фарзандон хеле зиёд гардидааст. Падару модарон рўзњои шанбе бо муаллимони фаннї, роњбарони синфњо ва мудирияти гимназия ба таври алоњида дидор ва мулоќот анљом медињанд. Умуман, дар ин самт амалњои муассир ва мондагор ба сомон расонида шуданд ва мешаванд. - Перомуни таљњизот ва асбобу абзори таълимї дар таълимгоњ ва фаъолияти њайати устодону омўзгорон маълумот медодед. - Таъкид намудан лозим аст, ки дар гимназия се кабинети фаннии замонавии

маъруф мебошанд, ки мактаби таљрибаи пешќадами худро доранд. Дар ин радиф, љалби мутахассисони љавон басо хуб ба роњ монда шудааст. Худи њамин сол чор нафар омўзгори љавон ба кор пазируфта шуданд, ки хатмкардаи макотиби олї ба њисоб мераванд. Мудирияти гимназия Барномаи Рушди гимназия барои солњои 2012-15-ро тањия ва пешнињод намудааст, ки њайати омўзгорон тибќи он кору фаъолияти хешро ба роњ мондаанд. - Мањфилњои фаннї чї тавр амал мекунанд? Кадоме аз онњо фаъолтаранд? - Дар гимназияи мо шаш мањфил фаъолият дорад, ки метавонем мањфили физикони љавонро бо номи "Ихтироъкорони љавон" чун намуна орем. 22 нафар муаллимон аз аттестатсия гузашта, 8 нафар соњиби тахассуси олї гардиданд. Сексияњои гуногуни варзишї амал мкунанд. Солњои зиёдест, ки тањти роњбарии шоири нуктасанљ, омўзгори шинохта Киром Остонзод мањфили адибони љавон, ба номи Мирзо Турсунзода - "Ошёни баланд" кори худро пеш мебарад. Мањз бо ташаббуси аъзои ин мањфил вохўриву мулоќотњо бо шоирону нависандагон баргузор мегардад. Дар хотима аз зањмати омўзгорони соњибмактаб Т.Љумъаев (муаллими фанни физика, љонишини директор оид ба ќисми таълимї), Р.Юлдошева (омўзгори фанни математика), Ойдиной Турдиева - муаллим-равоншинос, Роњат Абдусаломова. Лола Љабборова, - муаллимони математика, Ќумрї Шукронаева (биология), Раъно Орифова (экология), Ва-

лихољаева (химия), Давлатшо Мањмудов (таъриху њуќуќ), Муродбахт Диловарова, Ахмедова (синфњои ибтидої), Муаззам Холиќова (математика), Зебо Ботурова (таъриху њуќуќ), Ширин Сафарова (забони русї), Зебо Сафарова, Муњаббат Юсуфова (синфњои ибтидої), Мушарраф Абдуллоева, Мунаввара Турсунова (забон ва адабиёти тољик), Њабиб Холов (физика), Исматуллоева (забони хориљї), Насиба Раљабова (технологияи информатсионї) ва бисёр дигарон метавон ёдоварї намоям, ки эшон аз тамоми имконот ва шароити дар ихтиёрашон буда самаранок истифода бурда, дар баланд гардидани сатњи сифати таълиму тарбия њиссаи бузурги худро мегузоранд. - Омодагї ба аттестатсияи давлатии хатми мактаби миёна ва аз синф ба синфгузаронї чї тавр ба роњ монда шудааст? - Мо аллакай бо фењристи аттестатсияњои давлатии хатмкунї ва аз синф ба синфгузаронї аз њафтаномаи "Омўзгор" шинос шудаем. Наќша ва барномаи вижаи омодагию тайёрї ба аттестатсияњоро тарњрезї намуда, дар садади он њастем, ки дар рўзњои наздик гўшаи махсуси аттестатсиониро барорем. Њамчунин номгўи дарсњои иловагию тавзењотиро, ки бевосита ба фанњои аттестатсионї иртибот доранд, тартиб хоњем дод. Умуман, дар ин самт амалу ниятњои боњадафро ба роњ хоњем монд. -Барои суњбати самимї ташаккур Шодї РАЉАБЗОД, Саъдулло АБДУЛЛОЕВ, "Омўзгор"

4МУСОЊИБА

4ЧАНД ХАБАР АЗ ХОРУЃ

РОЊБАРЇ БА МАКТАБ МАСЪУЛИЯТЕСТ ЉИДДЇ

ЉОМЕА АЛАЙЊИ НАШЪАМАНДЇ

Суњбат бо директори мактаби раќами 17-и ноњияи Тољикибод Сирољиддин Нуров. - Муаллим, дар таъмини мактаб бо кадрњои омўзгорї мушкилоте доред? -Мактаби мо соли 1967 бунёд шуда, анъанаи дерини худро дорад. Њоло дар мактабњои олии кишварамон ва берун аз он 63 нафар шогирди мактаби мо бомуваффаќият тањсил карда истодаанд.29 нафар омўзгор дорему 630 нафар шогирд. Аз онњо 278 нафарашон духтаронанд. Хушбахтона, солњои охир љалби духтарон ба зинаи сеюми тањсилот бењтар шуда истодааст. Ният дорем, ки аз њисоби донишљўёне, ки дар филиали дар ДДОТ ба номи С. Айнї дар Рашт тањсил мекунанд ва аз њисоби кадрњои мањал мактабамонро бо омўзгорони болаёќат таъмин кунем. Дар коллективи мо омўзгороне, ки фидоии касби худанд, зиёданд. Муаллимаи фанњои забон ва адабиёти русамон Левшина Любов Владимировна яке аз омўзгорони пешќадами ноњия буда, диёри Тољикобод ва мардумонашро бисёр дўст медорад ва мардум њам ба ў ва ба касбаш эњтироми зиёд ќоиланд. Омўзго-

ри синфњои ибтидої Хайриддин Нуров, Анвар Назриев, Саидљон Эшонов ва Мањзар Муњаммадрањимова дар њамаи муваффаќиятњои коллективи омўзгориамон сањми муносиб мегузоранд. Омўзгори суруди мактаби мо, Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон Њабибулло Холов дар њамаи чорабинињои мактаб,љамоат ва ноњия сањмгузор аст. -Муњтарам Нуров,њамкорињои шумо бо њокимияти мањаллї ба хотири пешрафти кори таълиму тарбия ва бо ин роњ љалби њарчи бештари волидайни шогирдон дар кори идоракунии мактаб дар кадом поя аст? -Раиси љамоати Лангари Шоњ Мањмадрасул Гулов, ки дар собиќ омўзгор буд, бо коллективи мо робитаи хуб дорад, моро њамеша дастгир аст.Масалан, барои дар мактаб нигоњ доштани 4 нафар омўзгори љавони мо аз љониби љамоат ба њукумати ноњия пешнињод ирсол карду онњо шароити манзилиашонро бењтар карданд. Дар њамаи чорабинињои мактаби мо раиси љамоат фаъолона иштирок мекунад ва мо таъсири мусбии њамкорињоро амалан эњсос мекунем. -Муаллими муњтарам, барои пешрафти кори коллективи омўзгорї ва мактаб кадом

Дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон баргузории як ќатор чорабинињои фарњангию маърифатї дар назар дошта шудааст.Озмуни љумњуриявии театрњои халќї тањти унвони "Љомеа алайњи нашъамандї" ба ин силсилачорабинињо дохил мешаванд. Барои дар сатњи баланди ташкилию эљодї баргузор намудани озмуни мазкур дар назди муовини раиси вилоят Ќиматгул Алибердиева машварат доир гардид. Дар он Низомномаи фестивал, ки аз тарафи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањия ва тасдиќ шудааст, баррасї шуда, рељаи даври аввали баргузории озмуни театрњои халќї ва коллективњои драмавї дар шањри Хоруѓ ва ноњияњои вилоят тасдиќ гардид. Њафтаи баргузории озмуни вилоятии театрњои халќї аз 20 то 25-уми майи соли 2013 дар шањри Хоруѓ баргузор мегардад.

ЉАШНИ КИТОБ

мушкилотеро монеи пешрафт медонед ва чї пешнињоде доред? -Мактаби мо 14 синфхона дошта, куњнасохт аст аст, ба талаботи рўз чандон мувофиќ нест.Шогирдон дар ду баст мехонанд. Дигар ин ки мо бояд њар 5 сол омўзгоронро ба курсњои такмили ихтисос фиристем, дар Раштонзамин ДЉТИБКСМ муассисаи минтаќавии худро ба манзури љалби омўзгорон ба курсњои такмили ихтисос надорад.Бояд омўзему омўзонем. Боќї њамаи масъулият ба зиммаи мо, омўзгорон, аст, ки раванди таълиму тарбияи насли наврасро тибќи талаботи замон ба роњ монем. С.ИСКАНДАРОВ, "Омўзгор"

Фестивали љумњуриявии "Њафтаи китоб и кўдакону наврасони љавон" дар шањри Хоруѓ ва ноњияњои вилоят 9-уми апрели соли

љорї дар Маркази давлатии љавонони шањри Хоруѓ баргузор гардид. Онро муовини мудири шуъбаи фарњанги вилоят Сайёд Ќурбонмањмадов ифтитоњ бахшида, ќайд намуд, ки Фестивали мазкур имсол бо фарогирии аксарияти хонандагони таълимгоњњои шањри Хоруѓ ва ноњияњои вилоят рангину пурмуњтаво баргузор гардид.

"ШАТЊ" ДАР "ПАРАСТУ2013"

Театри вилоятии ВМКБ ба номи Мењрубон Назаров ба озмуни анъанавии љумњуриявии "Парасту 2003" намоишномаи "Шатњ"-ро, ки мазмуни он дар заминаи ѓояњои баланди башарии осори Мавлоно Љалолиддини Румї ва Шайх Аттор сурат гирифтааст, манзури тамошобинон гардонд. Ин асари сањнавї, ки онро саркоргардони театр Умед Хусравов ба сањна гузоштааст, аз љониби санъатшиносони кишвар бањои баландро сазовор гардид. Љ. ЌОЗИБЕКОВ, «Омўзгор»


ЁДДОШТ

№17 26-уми апрели соли 2013

4ЁДИ МАКТАБУ УСТОДОН Дар як субњи гармои тобистон мо - бачањои панљ-шашсоларо садои шайпур аз хоб бедор ва љалби хеш кард. Шайпур навид аз мавсими нави хониш медод. Он замон муњољиркунонии мо, масчоњиён, аз диёри њазорсолаи хеш ба дашти урёну беоби Дилварзин бо берањмии тамом идома дошт. Мардумро хонахез ба ин сањрои мањиб кўчонда буданд, бидуни он ки роње, љўю љоње омода бошад.

дар ин дабистон њосил аз илм мебардоштанд. Мактаб аз муњташамманзилњои он даврони шурои дењот буд, бо ин вуљуд тавони гунљоиши мукаммали љавонони дењро, ончунон ки мебоист, надошт. Аз ин рў дар њар ѓурфаи таълимї аз сї то чилучанд шогирд сабаќ мегирифт. Аммо ин як боргоњи дониши сода набуд: љилвазори маърифате буд, ки як даста устодони ѓамхору бедордил ба чорбоѓи муќаддаси донишписанд табдил дода буданд. Дастаи муназзам, иродатманд ва якмаром, ки гўиё дар як дег љўшида бошанд. Ман рўзе нест, ки азизтарин касони хеш - падар ва модари

Подшоњї

Гўристон аз марги њаррўзаи ин муњољирони бадбахт, алалхусус, кўдакон "ободтар" мешуду дењистон на. Гурўње аз бими офтоби беамони бодия ва аз вањшати "сокинон"-и музирраш ночор аз сангу кулўх девор бардошта, рўи онро хаспўш карда, ба таъбире барои худ сарпоноњ месохтанд, ё дигарњои дасткўтањ заминро як-ду оринљ мекофтанду болои онро бо лойу най андова мекарданд, ки мешуд манзили зисти як инсон... Дар маркази мањаллаи бузург, ки се колхозро муттањид мекард, бинои барњавое бо сабки финї сохта шуда буд ва љамъияте анбуњ аз шумори љавонони њозир сафорої дошт. Ваќте ин манзараро дар њоли тамошо будем, ногоњ марде бо лутфу мењрбонии саршор, назди мо омад бо салом. Бо њар кадоме аз мо дастдарёб карду гуфт: - Шумо бачањои колхози Орљоникидзе? Бо ман биёед! Устод моро ба синфхонае бурд, ки њанўз бўйи рангу оњак медод ва њар яки моро ному насаб пурсид. Мо, ки аз ин илтифот болидаруњ шудем, озодона ба устод суњбат кардем. Дар фарљом ў худро муаррифї кард: Ман, муаллими шумоён, Ѓуфронов Подшоњї... Нахустин дидору дарси мо бо муаллим њамин гуна хотирнишин буд. Баъдан, азбаски сохтмони мактаб нотамом буд ва синфхона камї мекард, моро аз бинои марказї ба љойи дур интиќол доданд, баройи мо њуљрае аз бинои идораи колхози Орљоникидзе људо шуд. Шуруъи дарс аз зуњр буд ва таќрибан њама њамсинфон як соат-ним соат пештар аз замони муќаррар ба дарс њозир мешудем, ба хотири истиќболи устод. Муаллими мо аз мањалли дигар меомад ва њамин ки эшон аз дур намудор мешуд, чун селайи парандагон сўйи устод болафшон мешудему дар гирдаш хирман мезадем ва шодон то синфхона меомадем. Аз ин истиќболи мо нозирони атроф тааљљубу тањсин мекарданд. Ба устоди мо мардуми дењ бо адабу самимияти тамом ањвол мепурсид. Устод Подшоњї чун њамаро дар љойи худ меёфтанд, тибќи одат шогирдонро барои тозагии синф тањсину ташвиќ мекарданд. Баъд он чї ки мо интизораш будем, шуруъ мешуд: - Бачањо, имрўз њам дар њар ду кисаам фаќат бањои чору панљ аст, дар сумкаам мукофотњо. Канї, сар кардем! Кї ба дарс тайёр? Ва њар ки хубтар бањо мегирифт, љойизаи хубтар дарёфт мекард. Мо дар баробари бањои хуб, аз устод боз дафтарњои нав, ќаламњои ранга, хаткашаку хатпоккунак ва агар касе китоби дарсї надошт, њатто

4ЗАБОНШИНОСЇ Беш аз панљоњ сол дар ќоидањои имлои забони тољикї њангоми омўзиши њарфи аломати сакта (ъ), ќоидае маъмул буд: "Њарфи ъ дар байни ду садонок (ба ѓайр аз ду калима - фаъол ва таъин) навишта намешавад". Дуруст аст, ки калимаи таъин вожаи арабї буда, дар забони арабї ба шакли таъйин навишта мешавад. Дар љилди аввали китоби Муњаммад Ѓиёсуддин "Ѓиёс-ул-луѓот" (Душанбе: Адиб, 1987.- Сањ.200) низ омадааст: "Таъйин бар вазни тањќиќ; муайян кардан ва махсус намудан чизеро аз миёни чизњо; магар форсиён як ё-ро барои тахфиф њазф намоянд ва ин навъе аз тафрис бошад". Аммо модоме ки Њукумати љумњурї ќоидаи болоро ќабул кард, аз ин рў,

китоби дарсї љоиза мегирифтем. Баъдан пай бурдам, ки ин подошњоро устод бо пули худаш, ба хотири шавќмандии моён харид мекард. Муаллим Подшоњї дар муносибат бо мо он гуна зубда ва самимї буданд, ки њар яке аз мо мепиндошт, ки устод аз њама беш ўро дўст дорад. Мањфили шоди мо бо устод Подшоњї то синфи се давом кард. Сипас? ин зањматро устод Муллоидї Ниёзов то синфи дањ кашиданд, устоди сартопо наљобату донишу тамкин. Агарчи мактабро ба поён расонидем, аммо нашъаи суњбатњои устод Подшоњї аз димоѓамон дур намешуд ва њар таътили даврони донишљўї устодро зиёрат мекардам. Устод бо њамон нектинатии вижа маро фарзандвор ба оѓўш мекашид ва ифтихор дошт, ки шогирди пойлучу беќарори дирўзааш њоло донишљў шудааст. Ва ман аз њама беш мафтуни чењрайи нурбору фарањшораш мешудам. То он даме, ки рўзе дар китобхонаи Фирдавсї рўзномаи ноњия - "Машъал" - ро вараќ мезадам, ки ногоњ дар сафњае чашмам ба ин сатрњои сиёњ афтод: Омўзгорони мактаби миёнаи чањор аз марги нобањангоми Устод Ѓуфронов Подшоњї сахт андўњгинанд... Худоё, ин хоб аст ё бедорї, ки муаллими мо чењра ба хок кашидаву акнун ўро дигар набинем?! Ёд бод он, ки зи мо ваќти сафар ёд накард, Ба видоъе дили ѓамдидаи мо шод накард...

Дар донишгоњи бузург

Пас аз гузашти беш аз чињил сол њоло дарк мекунам, ки мо на дар мактаби муќаррарии миёна, балки дар як донишгоњи бузург, дар миёни устодоне фарњехта, фарзона ва олињиммат таълим мегирифтаем. Устодони мо аксари кулл тањсилкарда дар донишгоњњои олї буданд ва онњо муносиби номи ифтихорманди соњибмаълумот аз хеш заковати олї, зоњиру ботини озода ва самимияту хоксории тамом намоиш медоданд. Мактаби чањор аз таълимгоњњои нахустини Масчоњи нав ва дар васати се колхоз ягона буд. Љумла наврасони ин се колхози муштамил аз ёздањ дењкадаи хурду бузург,

худро, ки рањмати поки Эзид бар равони покашон, ёд накунам. Аммо устодонамро низ, ки бархе аз онњо аз ин љањони фонї ба рањмати Эзидї пайвастаанд, њамчун азизтарин каси хеш мудом ёд мекунам. Худованди бузург биомурзад онњорову рањмат кунад. Мо панљ - шаш соат дарс мехондем, аммо соатњои дигарро бо ёд ва интизори дарси нав мегузарондем. Зеро мактаб ва устодон низ моро интизор буданд. Сайидикром Сайидов, љонишини директор, муаллими адабиёти мо яке аз ин родмардон буд. Дарси устод Сайидикром аз он сар мешуд, ки њар яки мо баройи муъаллим шеъри њифзкарда на кам аз чањор мисраъ мехондем. Устод Сайидикром дар дили мо мењри китоб мепарварид, туфайли устод ба китобхонаи мактаб роњ ёфтем ва инчунин ў худ барои мо адабиёти мухталиф меовард, то фориѓ аз дарсњо бихонем. Дар дарси устод мо њамеша ба сабќат тайёр мешудем, сабќати шеър, фасињ ва шевову зебо наќл кардан, иншои ѓайри муаќаррар навиштан, навиштани нома, ёддошт ва њикоя, машќи шеър ва амсоли ин. "Адаб чист?" - мегуфтанд устод. "Аадаб он аст, ки беадаб набошем. Аммо беадабї чист? Беадабї - аз китоб дур будан ва нахондан!". Устод Сайидикром мо, саргаштањои навпои дарёйи донишро, дар ин бањри бекарони бузургї бо чунин сабки содаву бузургворона нохудої мекард. Агар ман дар риштаи адабиёти донишгоњ тањсил кардаам ва агар ошнои роњи ќаламкашї шудаам, аз шогирдии ин устоди наљиб ва аз пайравї ба кору пайкори ў андар хами кўчае расидаам... Устод Ќосимшоњ Иноятов, муовини директор дар њамон айём - яке аз чењрањои шохис, фарди пуркор ва соњибзавќу пур аз ниру ва дар мактабу мањал мањбуб. Ба гумонам, устод Иноятов тамоми шогирдони мактабро мешинохт ва дўст медошт, ки аз њар яке ањвол пурсад. Муаллим Иноятов, бо вуљуди пуркорї мањфили "адабиётшинос" таъсис дода буд ва як газетаи деворї бо њамин унвон бо зањамоти он кас моњона табъ мешуд. Зимнан, дар мактаб чандин мањфили илмиву њунариву варзишї бо равнаќи тамом пешрав буд…

ТАЪИН Ё ТАЪЙИН?

њамагон вазифадоранд, ки онро амалї намоянд. Барои њалли ин муаммо чанд мисол меорем. Доктори илмњои филология, профессор Б.Камолиддинов дар китоби дарсии "Забони тољикї" барои синфи 11 (Душанбе: "Собириён", 2007.- Сањ.13) дар машќи 11 дар мисоли як ќатор калимањо, амсоли таъм, таъмир, таъсир, таъхир, объект, ќонеъ навиштани калимаи "таъин"-ро тавсия намудаанд. Дар васоити методии Р.Мирзоев "Таълими имло дар синфњои ибтидої" (Душанбе, 2005.- С.38), китобњои дарсии Хаскашев Т., Њомидов Р. "Забони тољикї" барои синфи 5 (Самара, 2000.- С.107), Арзуманов С., Сангинов А. "Забони тољикї" барои донишљўёни мактабњои олї (Душанбе: Маориф, 1988.- С.10) ва амсоли инњо калимаи таъин истифода шудааст. Дар љилди 2-юми "Фарњанги забони тољикї" (Москва, 1969.С.348) вожаи мазкур - таъин, вале дар љилди 2-юми "Фарњан-

ги тафсирии забони тољикї" (Душанбе, 2010.- С.342-343) ин вожа ба шакли таъйин омадааст. Дар "Луѓати мухтасари тољикї-русї" (мураттиб Я.И.Калонтаров. Душанбе, 1988.- С.304) омадааст: "Таъин 1. назначение, определение; 2. назначенный, определённый; таъин кардан а) назначить, определят; ба кор таъин кардан назначать на работу; б) поручать; давать наказ, наказывать; одами таъин знакомый человек, надёжный человек". Дар "Луѓати русї - тољикї" (Москва,1985.- С.519) калимаи "назначение" њамчун таъин кардан тарљума шудааст. Баъди нашри "Ќоидањои асосии имлои забони адабии тољик" (1972), лоињаи "Имлои забони тољикї" дар асоси талаботи санадњои њуќуќии давлат, махсусан, Ќонуни забон ва дастовардњои илмии забоншиносї тавассути рўзномањои "Садои мардум" (19.08.1995), "Љумњурият"

Хуршеддилон

Чунин тавсиф бардошти мунњасир ба фарди банда нест, дањњову садњо дўстони њаммактабамро медонам, ки устодони мактаби чањори солњои шасти ќарни гузашатаро дар бузургвориву мењрбонї гармтару равшантар аз хуршед мешуморанд. Устодони мо, гумонам истироњату таътил надоштанд, ки њар гоње гурўњ-гурўњ дар њар гузару мањал пайдо мешуданд, то аз рўзгори берун аз дарси шогирдон воќиф бошанд, бо волидайни онњо мулоќот ороянд ё ки ба шароити хониши онон дар манозил ошно бишаванд. Нашъаи нишоте, ки аз дидор бо устод Маликмирзо Неъматов мебардоштем, то кунун аз димоѓам нарафтааст. Устод њам муаллими љуѓрофия буданд ва њам пионервожат. Њамдењаи мо Мирзо Бобокалонов, ки дар синфи нуњ мехонд, дар олимпиадаи физикони љумњурї медали нуќра касб кард. Мактаб аз ин комёбї љашн дошт. Инак, устод Муллодороб Туробов вориди синфи мо мешаванд. Марди тањамтану босалобат, чењраашон аз суруру ифтихор хуршедмисол ва мегўянд: "Офарин ба бачањои колхози Орљоникидзе. Медали тиллои мактабро њам шумо хоњед овард". Дасти њар яки мо кўдакони дувоздањсоларо мефушурданду табрик мекарданд... Ќиссањои ирфонии мактаби чањор бешуморанд, аммо чањорчўбаи мањдуди рўзнома имкони тафсилоти бешро намедињад. Бояд достоне бо оби зар навишт, ки корномаи муаллимони шањири мактабро дар раъси устод Ѓуфронов Абдурауф, ки њамчун директори матину коро ин гуна дастаи муназзаму гетиафрўзеро такмил карда буд, гунљоиш дињад. Бояд устодони хуршеддилеро чун Њомидов Олимбек, Сафаров Муллотуйчї, Љўраев Акбархоља, Муродов Насриддин, Соњибова Ќудратмоњ, Диёрова Пахтамоњ, муаллима Шоњодиева, Нуъмонова Садафмоњ, Бадиев Маликсаид, Њафизов Нуриддин, Ризоев Мирзошариф, Иноятов Додобой, Шарифов Муњаммадназар, Саидов Устоњалим, Аминов Абдурањим, Маљидов Абдуњамид ва дигарону дигарон, ки гўиё кор не, балки умри гаронмояи худро нисори омўзиши фарзандони диёр мекарданд, чењракушої кунад. Инњо дар як бодияе, ки туфайли ќадами мубораки инсон рў ба бањори ободї менињод, бо пайкори ќањрамонона ќофилаеро бо мањмилњои дониш ба роњ бароварданд, ки мусофирони он аз бузургтарин донишгоњњои Тољикистон то донишгоњњои номдори Тошканду Маскаву Киеву Ленинград уќдаи илм боз карданд. Шогирдони онњо то пиллаи академикї боло рафтанд, вазиру њокими шањристону шањрњо шуданд, табибу муњандису зориъу муњаќќиќ гаштанд, дар нињодњои ќудративу интизомии Ватан ба мартабањои боло расиданд. Мактаби чањори солњои шаст (то замоне, ки дар се колхоз ягона буд) шояд наздики њазор шогирди мумтозе ба камол расонид, ки донишгоњњои номдори Ватанро дар риштањои гуногун сарафарозона хатм карданд. Муњол аст ин гуна ифтихорофаринии ин дурдонаи биёбон чандсолањои наздик такрор шавад. Барои чунин корнома мањаббат ба касб кам аст, бояд дардошнои мардум, ошиќи сарсахти Ватан ва парчамдори орияту ифтихороти миллї шуд, ки устодони мактаби чањори Масчоњ чунин буданд. Обиди ШАКУРЗОДА, рўзноманигор.

(26.08.1995) ва "Омўзгор" (1.09.1995) ба муњокимаи умум пешнињод гардид. Њукумати Љумњурии Тољикистон, баъди баррасї, онро 3-юми сентябри соли 1998, тањти №355 ба тасвиб расонд. Аз љумла, дар ќоидањои асосии "Имлои забони тољикї"-и он (Душанбе, 2007.С.9) њарфи ъ чунин шарњ дода шудааст: "… дар байни ду садонок њарфи ъ навишта намешавад: мавзўи бањс, тулўи офтоб, шурўи кор, маљмўи ашъор, маориф, таом ва ѓайра. Калимаи фаъолият ва таъин аз ин ќоида истисноанд". Мутаассифона, дар "Ќоидањои имлои забони тољикї", ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиќ шудааст, имлои ъ ба таври гуногун пешкаши хонандагон гардидааст, ки касро ба шубња меорад. Масалан, дар сањифаи 10-уми ќоидањои номбурда, ки матбааи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон бо фармоиш ва сарсухани собиќ вазири маорифи Љумњурии Тољикистон А.Рањмонов соли 2012 нашр намудааст,

омадааст: "Њарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимањои фаъол ва таъин навишта намешавад: маориф, таом, мавзўи бањс, тулўи офтоб, шурўи кор, маљмўи ашъор ва ѓ.". Аммо њамин ќоида дар ќарори номбурдаи њукумат (ин дафъа бо сарсухани Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон), ки муассисаи нашриявии "Маориф ва фарњанг"-и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон (соли 2012, сањ.12) ба табъ расонидааст, муѓлаќ ва норавшан аст: "Њарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимањои фаъол ва таъйин навишта намешавад: маориф, таом, мавзўи бањс, тулўи офтоб, шурўи кор, маљмўи ашъор ва ѓ.". Аљабо, чї тавр калимаи таъин дар як њуљљат ду хел навишта шудааст? Модоме ки њарфи ъ дар байни ду садонок, ѓайр аз калимањои фаъол ва таъин, навишта нашавад, пас, риояи њамагон ба ин ќоида њатмист. Сайфуллоњ МАЊКАМОВ, номзади илмњои филология


ТАТБИЌИ САНАД (Аввалаш дар шумораи гузашта)

3.Дар маљлисњои синфї ва љаласањои АВО ва ё кумитаи падару модарон низ ин ду санад баррасї карда мешаванд. 4.Як моњ пеш аз аттестатсия маводи иловагии аттестатсияњои шифоњї аз љониби омўзгорон дар асоси барномањои таълимї тањия гардида, пас аз баррасї дар иттињодия ва шўроњои методї ва тасдиќи директори мактаб дар љойи махсус мањфуз дошта мешавад. 5. Баррасии натиљаи назорати иљрои барномаи таълим дар шўрои педагогї ва ё дар шўрои методї (Барои зинаи аввал ва дуюми тањсилот дар ибтидои нимсолаи дуюм ва дар зинаи сеюми тањсилот дар нимсолаи дуюми соли хониш наќшаи чорабинињо љињати иљрои барномаи таълимї тартиб дода шуда, бо назардошти масъалаи муњим буданаш дар шўрои педагогї тасдиќ карда мешавад). 6.Љадвали аттестатсияњои хаттї ва тестии хатм тибќи фармоиши вазири маориф тањия карда мешавад. Љадвали аттестатсияи давлатї барои шинос шудани муаллимон, хонандагон ва падару модарон 10 рўз пеш аз сар шудани аттестатсияи давлатї дар гўшаи аттестатсионї овехта мешавад. Дар гўшаи аттестатсионї бар замми љадвали аттестатсияњо, љадвали дарсњои машваратї ё ёрирасон (консултатсия), иќтибосњо аз Дастурамал, намунаи тарзи дурусти пур кардани рўйи вараќи аттестатсионї ва тартиботи аттестатсия (сариваќт, бо либоси тавсиявї ва лавозимоти аттестатсия - ручка, ќалам, паргор…ба аттестатсия њозир шуда, дар раванди он ба оромї риоя кардан), љой дода мешавад. Зарур аст, ки дар гўшаи аттестатсионї шиорњои даъватии "Аттестатсияњоро бо бањои хубу аъло месупорем", "Бањои аттестатсия натиљаи дониши солонаи шумост", "Виљдонбењтарин нозир", "Дар ваќти аттестатсия ба оромї риоя намоед" ва монанди инњо љой дода шаванд.

№17 26-уми апрели соли 2013

ТАВСИЯЊОИ МЕТОДЇ

оид ба амалї намудани фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 6.03.2013, №559 "Оид ба анљоми соли хониши 2012-2013, аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатм дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон" ва "Дастурамали аз аттестатсияи давлатї гузаронидани хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон" (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 28.02.2013, 3/32)

7. Ба њар синф љузвдони аттестатсионї ташкил карда мешавад, ки дар он нусхаи ќарори шўрои педагогї дар бораи ба аттестатсия роњ додани хонандагон, протоколи маљлиси падару модарон бо ќайди баррасии љадвали аттестатсияи синф ва тартиботи аттестатсия, протоколњои аттестатсия ва вараќњои штампдор љой дода мешавад. 8. Тибќи талаботи Дастурамал ба аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатмкунї хонандагоне роњ дода мешаванд, ки аз фанњои аттестатсияшаванда бањои мусбат дошта бошанд. Бинобар ин, пас аз баррасї дар шўрои педагогї дар протоколи он ному насаби њар хонандаи ба аттестатсия роњ ёфта дарљ гардида, дар фармоиши директор бошад, миќдоран ќайд мешавад. Масалан, синфи 5 «А» аз 25 нафар 25 нафар роњ дода шавад. Синфњои хатмкунанда (9 ва 11) њам дар ќарори шўрои педагогї ва њам дар фармоиши директор бо ному насаб дарљ карда мешаванд.Пас аз аттестатсия низ дар њамаи синфњо (ба истиснои синфњои 1-3) ин раванд такрор меёбад. Хонандагони синфњои 1-3 як маротиба њангоми ба синфи дигар гузаронидан дар шўрои педагогї ном ба ном ва дар фармоиш бошад, бо раќам (1-А аз 24 нафар 24 нафар) зикр карда мешаванд. Азбаски дар њуљљати меъёрии њуќуќї њама љузъиётњо нишон дода намешавад, зарур медонем, то баъзеи нуктањои Дастурамалро шарњ дињем. Банди 7, сарсатри 3. Агар хонанда бањои солонаи "5" дошта бошаду аз аттестатсия бањои "3"

ё "4" гирад, бањои љамъбастї аз рўи натиљаи аттестатсия гузошта мешавад, яъне бањои љамъбастї бањои аттестатсия ба шумор меравад. Банди 28. Дар њолати ба аттестатсия њозир нашудани раис, имтињонгиранда ва ё ёвар фавран бо фармоиши директор каси дигар таъин карда шуда, шуъбаи маорифро воќиф намуда, бо пайдо шудани фурсат ба фармоиши умумї таѓйирот ворид карда мешавад. Банди 34. Аттестатсияњои шифоњиро маъмурияти мактаб метавонад дар доираи рўзњои дар фармоиш муќарраршуда тибќи шароити мактабу омўзгор гузорад (яъне, дар байни аттестатсияњои хатм). Банди 36. Ба истиснои иншо дигар њамаи лифофањо як соат пеш кушода шуда, санад навишта мешавад, ки дар он ќайди ваќти кушодани лифофа, будани мавод, мувофиќати он бо барномаи таълим, хоно будану набудани он, дуруст будани мисолу масъалањо ва монанди инњо њатмист. Банди 39. Сархати 2. Ба корњои хаттие, ки бањои 5/5 ва 2/2 гузошта шудаанд, таќриз навишта мешавад.

Меъёри бањогузорї ба иншо

Ба мазмун ва љињатњои забонии иншо аз рўйи меъёрњои зерин бањо дода мешавад: ¨ мувофиќати баён ба мавзўъ; ¨ шарњи пурраи мавзўъ; ¨ далелнокии баён; ¨ мураттабии баён; ¨ хулосаи хуб; ¨ рангорангии луѓат ва сохти грамматикии нутќ; ¨ ягонагии услуб ва мураттабии нутќ; ¨ мустаќилият ва муњокимаронињои шахсии хонанда; ¨ мављудияти фикрњои љолибу тоза ва татбиќи амалии онњо;

Бањо ба иншо

Бањои панљ "5" (аъло) ба иншое гузошта мешавад, ки хонанда: ¨ мавзўъро бевосита ва комилан дар бар гирифта, маводи адабиро пурра фањмида, ба њодисаи баёншаванда бањо дода тавониста бошад ва мустаќилонаю мураттаб фикр рондани ў аз

423 АПРЕЛ - РЎЗИ ЉАЊОНИИ КИТОБ Наќши китоб ва китобхонањо барои тарбияи наслњои имрўзу оянда хеле муњим аст. Китобхонї љузъи муњими тарбияи насли наврасро бояд ишѓол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонї, заковат ва маърифатнокии худ дар љањони мутамаддин маќоми шоиста касб кардааст. Эмомалї РАЊМОН Њама гуна донишњо, дастовардњои илмї- оммавї, таърихи дуру наздик, кашфиёти олам, гуфтугўи тамаддунњо, имзои созишномањои байналмилалї, шартномањои мухталифи хусусию давлатї тавассути забон ва хат ба амал меоянд ва билохира дар шакли китоб, маљалла, ахборнома дастраси љомеа мегарданд. Дар баробари ин, китоб рафиќи шафиќ ва муниси дилу ќалби инсонњо маънидод шуда, онро манбаи дониш, "аниси кунљи танњої" ва

"фурўѓи субњи доної" муаррифї намудаанд. Як ташаббуси хеле самаровари Њукумати Љумњурии Тољикистон сањм гузоштан дар чопи асарњои бадеии шоиру нависандагони љумњурист, ки яке аз шаклњои тарѓиби адабиёти бадеї ва худи адибони тољик ба шумор меравад. Дигар василаи тарѓиби китобдорї таљлили њамасолаи Фестивали љумњуриявии "Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон" дар саросари Тољикистон ба њисоб

он маълум шавад; ¨ ба забони фањмо, мушаххас ва бурро навишта бошад; ¨ хулосааш бенуќсон бошад; ¨ дар иншо хатоињо содир накарда бошад; ¨ мазмуни иншои навишта ба наќшаи кор пурра мувофиќат кунад; ¨ дар иншо ба истифодаи ду ранг ва ислоњи фикру аќида роњ надода бошад. ¨ њусни хат, њошиягузорї, мураттабии баёни фикр мувофиќи маќсад бошад; ¨ дар интихоби калима, ибора ва љумласозї нуќсон надошта бошад. Бањои ду "2" (бад) ба иншое гузошта мешавад, ки: ¨ мавзўъро нафањмида, маводи адабиро суст донистани талаба маълум шуда истад; ¨ мавзўъ мувофиќи талаб баён наёфта, ба наќли одї ва нусхабардори китоби дарсї монанд бошад; ¨ наќшаи кор ба мазмун мувофиќат накарда, хатоињои грамматикї ва услубї мушоњида карда шавад. ¨ дар он миќдори ѓалатњои имлої ва аломатњои китобат аз 9 - то зиёда бошад, яъне дар он 5 ѓалати имлої ва 6 ѓалати аломати китобат, ё 7 ѓалати аломати китобат, 3 ѓалати имлої дида шавад.

Намунаи таќризњо

Иншо мувофиќи наќшаи корї хуб, бо мазмуни баланд, њусни хати зебо, эљодкорона, бо ифодаи мењру муњаббати бепоён нисбат ба мактабу омўзгор навишта шудааст. Хонанда тавонистааст порчањои шеъриро бо тањлил ва бамаврид истифода барад. Дар мавќеаш кор фармудани вожањо аз он гувоњї медињад, ки захираи луѓавии хонанда бой аст. Иншо ѓалат надорад, эљодкории хонанда мушоњида мешавад. Дар иншо мустаќилият ва муњокимаронињои шахсии хонанда аён аст. Љамъбасту хулосабарорї низ мувофиќи матлаб аст. Бањои мазмун 5 (аъло) Саводнокї 5 (аъло) Раиси комиссияи аттестатсионї имзо ному насаб

Имтињонгиранда имзо ному насаб Ёварон имзо ному насаб Хонанда мавзўъро нафањмидааст ва онро мувофиќи талаб баён карда натавонистааст. Наќшаи кор ба мазмун мувофиќат намекунад. Гузоштани њошияву сарсатр риоя нашудааст. Хати хонанда бад буда, дар иншо ислоњкории зиёд дида мешавад. Љумлањо ѓалат ва бо хатоњои зиёд рўйбардор шудаанд. 5 ѓалати имлої, 6 ѓалати аломати китобат Бањои мазмун 2 (бад)/ саводнокї 2 (бад) Раиси комиссияи аттестатсионї имзо ному насаб Имтињонгиранда имзо ному насаб Ёварон имзо ному насаб Банди 40. Билетњои иловагие, ки хонандагони як синф аз рўи он аз аттестатсия гузаштаанд, дар синфи дигар такроран истифода бурдан мумкин нест. Бинобар ин, барои њар синф алоњида бояд маводи иловагї тањия ва тасдиќ намуд. Банди 44. Бояд пеш аз аттестатсия њатман хонанда аз бањои аттестатсияи пешина воќиф бошад. Аз ин рў, дар тањияи љадвали аттестатсионї инро бояд ба инобат гирифт.

Иќтибосњо аз Тавзењот оид ба тариќи тест гузаронидани аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї ва хатм

Саволњои тест аз тарафи комиссияњои аттестатсионї пеш аз аттестатсия ба хонандагон таќсим карда мешавад. Барои љавоби тестњо барои як савол аз фанњои гуманитарї аз 1,5 то 2 даќиќа ва барои фанњои табиї-риёзї аз 3 то 5 даќиќа ваќт људо карда мешавад. Вараќаи тест такроран ба хонанда дода намешавад. Баъди анљоми ваќти барои санљиш људошуда аъзои комиссия вараќаи тестро љамъ намуда, дурустии онро тибќи калиди додашуда, муайян менамоянд. Аттестатсия ба тариќи тестї тибќи фармоиши вазир ва љадвали тасдиќнамудаи Шўрои педагогии муассисаи таълимї гузаронида мешавад. Натиљаи санљиш як рўз пас аз аттестатсия ба маълумоти хонандагон расонида шуда, бо протоколи комиссияи аттестатсионї ба расмият дароварда мешавад. Ќ.МУЊИДДИНОВ, муовини директори МЉТМ, номзади илмњои педагогика

ГАНЉИНАИ ХИРАДИ МИЛЛАТ

меравад. Чунин иќдом бо ташаббус ва дастгирии вазоратњои фарњанг ва маорифи Љумњурии Тољикистон, Иттифоќи нависандагони Тољикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи

Мирсаид Миршакар сурат мегирад. Фестивали имсола низ бо там ом и ш ук ўњ у шањоматаш дар шањру навоњии љумњуриамон барпо гардид. Дар доираи ин фестивал дар тамоми шањру ноњияњои мамлакат бо китобдўстон, насли наврас мулоќоти судманди рў ба рў доштанд. Албатта, ваќте наврас аз хурдї бо муаллифи шеър, афсона, њикоя аз наздик шинос гардидаву аз тарзи ба да-

сти хонанда расидани мавод хабардор мешавад, минбаъд дар нињоди вай шавќу завќи дўст доштани китоб ва њамдам будан бо он пайдо мегардад. Дар Фестивали имсола аз адибони гузаштаи адабиёти кўдаки тољик, устодон Мирсаид Миршакар, Гулчењра Сулаймонї, Убайд Раљаб, Мављуд а Њак и мов а , Ак об и р Шарифї, Наримон Баќозода низ ёдоварї шуда, дар рўзњои баргузорї бевосита оид ба њаёт ва фаъолияти онњо мањфилњои ёдбуд барпо гардид. Чунин иќдом собит кард, ки эљоди ин ќабил адибон ифодагари рўњия ва завќи бадеии хонандагони имрўз низ њаст. (давомаш дар сањ.12)


ТАЪЛИМ

№17 26-уми апрели соли 2013

4МЕЊРНОМА Эътироф

Рўзи якшанбе буд. Муаллима ваќт ёфта, китоби методиеро, ки доир ба тарзњои гуногуни гузаронидани корњои хаттї аз фанни математика дар синфњои ибтидої таълиф ёфтааст, вараќ зада, нуктањои муњими онро дар дафтар сабт мекард. Њамеша њамин тавр аст. Њангоме ки вай, Назира Олмуњаммадова, лањзаи мувофиќро дарёбад, ба омўзиши рисолаву дастурњои таълимї ва ё мутолиаи осори бадеї машѓул мешавад. Зеро хуб медонад, ки омўхтану азхуд кардани роњу шевањои нав ва судбахши дарсї дар замони муосир ба рангину љолиб ва раѓбатангез гузаштани машѓулиятњо сабабгор хоњад шуд. Имрўз њам китоби љадидро, ки тарзу усулњои соддатари њалли мисолу масъалањоро нишон медод, ботањаммул мутолиа мекард. Ногањ садое аз назди дарвозаи њавлї хотирашро парешону варо аз мутолиа боздошт. -Кї бошад? - аз дил гузаронд муаллима ва ба сўи дар роњ гирифт. Ваќте дарро боз кард, рў ба рўи худ духтараки шармгину мавзунќоматеро, ки замоне шогирдаш буду алњол дар курси якуми факултаи механикаю математикаи ДМТ тањсилро идома медод, бидид. Оре, вай, Мавзунаи Бобохон, шогирди дўстдошта ва ќадрдони муаллима аст, ки ба хабаргирияш омадааст. Назира баъд аз ањволпурсї Мавзунаро ба хона хонд. - Рўзи истироњатист, гуфтам шуморо хабар гирам, - бо чењраи хандону шукуфон иброз дошт Мавзуна, Охир, шумо устоди азизу мушфиќи ман њастед. Ин шумо будед, ки муњаббати тањсилу омўзишро чун оташе дар дили ман фурўзон кардед. Бо рањнамоию њидоятатон ман донишљў шудам. Назира хаёлан солњоеро пеши назар меовард, ки ба Мавзунаю њамсинфони вай сабаќ меомўзонд. Духтараки ѓайратманд, бо азму ирода ва кунљкове буд Мавзуна. Фањму идроки баланде дошт, хушзењну соњибќобилият буд. Бахусус, дар дарсњои математика, њангоми њалли масъалањо дасти боло дошт. Њини корњои мустаќилона ќабл аз дигарон амалу ифода ва муодилаю масъалањоро њал мекард ва худ (идома аз сањ.11) Шояд баъзењо бар он аќида бошанд, ки дар замони пешрафти илму техника ва компутеркунонии мактабњои маълумоти умумї ба китобхонї дигар эњтиёљ намондааст, чунки китобхонањои электронї низ арзи вуљуд кардаанд ва дар дилхоњ вазъият аз онњо дар муддати кўтоњ истифода бурдан мумкин аст. Набояд фаромўш кард, ки на њама соњиби компутеранд ё аз он истифода бурда метавонанд. Илова бар ин, инљониб мутмаин бар онам, ки компутер њељ гоњ љойи китобро гирифта наметавонад, зеро истифода аз китоб дар њар гуна шароиту вазъият басо ќулай ва мувофиќ аст. Мутаассифона, мушоњидањо нишон медињанд, ки воќеан, бо вуљуди он ки талошњои зиёде аз тарафи њукумат ва муассисањои дахлдор дар равнаќи китобу китобдорї амалї карда мешаванд, аксарият ба ин ганљинаи бебањо таваљљуњи хоса зоњир наменамоянд. Њирси молу чизпарастї иддаеро то ба дараљае расондааст, ки китоберо харидорї накарда, ба интихоби ашёи ќиматбањо бештар майл доранд. Шояд дар манзили баъзе аз њамшањрињоямон то имрўз ягон китоби бадеї

ДАРС АГАР ХУШ ГУЗАРАД… Мехоњам машњур бошам, шўњрат хушбахтист, аммо мехоњам, ки судманд бошам, судманд будан вазифа аст. (Виктор Гюго) аз худ дасташ боло мешуд… Инак, вай ба маќсадаш расида, комёб гардидааст. - Медонед, муаллима, - ба чашмони пурмењр ва дар айни њол барќпоши устодаш нигариста хитоб кард Мавзуна. -Шуморо бисёр дўст медоштем мо, шогирдонатон. Агар як рўз бо сабабе ба мактаб намеомадед, шахсан ман парешонхаёлу ошуфта мешудам. Эњсоси танњої ва дурии тасодуфї панљаи њасрат бар ќалбам мезад. Ёд дорам, боре, аниќтараш, айёме, ки дар синфи дуюм тањсил мекардем, шумо як рўз ба мактаб наомадед. Ваќте пурсидем, ки чаро муаллима Олмуњаммадова ба дарс наомадааст, посух доданд, ки бемор шудаанд. Ба љойи шумо муаллимаи дигаре ба мо машѓулият гузаронд. Ончунон дилтангу зиќ шудам, ки як худам медонаму Худо. Дарсњои шумо бо љилваю тобишњои рангину серпањлуи худ чун оњанрабо моро ба худ мекашиданд. Аммо он рўз… Хаёлам њар дарс моњеро дар бар мегирифт, ки ростї, тўлониву дилгиркунанда мегузашт. Хайрият, рўзи дигар шумо чун њарваќта ба мактаб омадед. Шабењои хуршеди дурахшон, ки нохоста аз пушти абрњои ситабр чењра менамуда бошад… Мо баѓоят шодмону руњбаланд гардидем, завќу нишоте бар ќалбњои кўчакамон нуфуз карда буд. Њамон ишќ, ишќи шогирд ба устод маро доиман ба сўи шумо мекашад, муаллимаи мењрубони ман! Ва Назира каме ранг бохта, хиљолатомез гўш ба сурури замираш, ки ногањон ба ѓалаён омадааст, фаро медињад. - Рањмат, Мавзунаљон, - мегўяд дар љавоб вай. -Аз омаданату хабаргирињои туву дигар шогирдон сарам ба осмон мерасад. Ин бахти бузург аст, ваќте хидмату ранљњои маро шумову шумо барин толибилмон ќадр мекунед. Ман ин њолатро намедонам, чї тавр ифода кунам. Бовар кунед….

Омўзгорї њам табибї аст

Назира мактаби миёнаро хатм кард ва назди падараш (равонаш шод бод!) амаки Олмуњаммад шармгинона арзи њол кард: -Ман духтур мешавам, падар. Орзуям њамин буд, ки оянда корманди соњаи тиб мешавам. - Орзу дар љавонї айб нест, духтарам, - рамузгирона сухан оѓоз кард падараш Олмуњаммади Раљаб. -Лекин… агар насињати маро бипазирї, муаллима шав. Омўзгорї њам шабењи пешаи табибї аст. Табиби рўњи одамизод. Ман бовар дорам, ки ту аз ўњдаи ин касби пурмасъулият ба хубї хоњї баромад. - Суханони ќиблагоњам, ки шахси бофазилату донишманд буданд, маро ба андеша кардан водор сохт. Чанд рўз фикр кардаму фикр кардам ва интињо ба хулосае омадам, ки дар роњи интихоби ояндаи роњи њаётии хеш дуои падарро рањтўша хоњам гирифт. Донишкадаи омўзгории пойтахтро соли 1988 ба итмом расондам, меафзояд ба наќлаш муаллима. Инак, муаллима Назира Олмуњаммадова 25 - сол мешавад, ки дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №50-и шањри Душанбе њамчун муаллимаи синфњои ибтидої фаъолият мекунад.

Дарс агар хуш гузарад…

- Медонед, - бо чењраи афрўхта ва нигоњи завќфизо мефањмонад муаллима. - Агар дарсу машѓулият шавќовар, табъи дил ва хуш гузарад, ончунон ба кас кайфияту лаззате мебахшад, ки… ба худ мегўї, ки њамин 45 даќиќаи људокардашуда њам кам аст. Бовар мекунед, аксари дарсњои банда (таърифу муболиѓа нањисобед) ана њамин тавр шавќангезу хотирмон сурат мегиранд. Сабабаш чї бошад, худам њам намедонам, - бо хоксорию фурўтанї, ки хоси муаллима мебошад, мегўяд вай. Њарчанд… Њарчанд ки бањри амалї гардидани як чунин дарс зањмату мењнат ва омўзиши пайваставу бедорхобињои шабњои дароз пушти сар мешавад.

Охир, њељ гоњ ва бе њељ ваљњ шахс ба фатњи ќуллаи мурод намерасад ва дурри маќсуд ба каф намеорад. Омўхтан, омўхтан, омўхтан, ирода, ирода, ирода ва рўњи барозандаю тавоно лозим дар ин љода! Осону сањл набуду нест, пешаи омўзгорї. -Ваќти гузарондани машѓулиятњо, - мегўяд Назира, ман вобаста ба мавзўъ ва муњтавои дарс аз кулли сабку методњои љории замони муосир, амсоли мубоњиса, бозї-наќшофарї, сингвен, диаграммаи Вен, кластер, ММД (медонам, мехоњам донам, донистам) ва ѓайраи дигар истифода мебарам. Махсусан, истифодаи усули ММД дар дарсњо баѓоят бароям писанду хушоянд аст. Њангоми баёни мавзўи нав ба хонандагон вараќчањои супоришї таќсим карда мешаванд, ки ба се гурўњ људо шудааст: ќисмати аввал - медонам, ќисмати дуюм - мехоњам донам. ќисмати сеюм - донистам. Бояд тавзењ дод, ки хонандагон дар оѓози дарс ду ќисмати аввалро дар вараќчањо пур мекунанд. Усулњои дигар низ дар машѓулиятњои ман самараи нек медињанд.

Муњим - натиља

Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки муаллима Назира Олмуњаммадова се сол мешавад, ки љонишини роњбари итти-

ГАНЉИНАИ ХИРАДИ МИЛЛАТ

вуљуд надошта бошад. Дониш, аќл, хирад, одобу рафтори аз китобхониву китобдорї ба вуљуд омада, тинати инсон ва рафтору гуфтори ўро зеб медињад. Инсони маданї њар куљо бошад, ќадр мебинад, пас, чаро ба китоб рў оварданро баъзењо умуман ба гўшаи хаёлашон намеоранд, ки хеле таассуфовар аст. Дар баъзе аз шањру навоњии љумњуриамон китобхонањои дењотро дар дањ- бист соли охир "тарака" карданд, онњоро то ба дараљаи нестї расонданд. Муносибат ба китоб бояд ба дараљаи хеле зарурї дигар карда шавад. Њама медонанд, ки барои эљоди як асари бадеї чї ќадар зањмату бедорхобии муаллиф сарф мегардад. Ба ќавле, ин хуни љигаршавињоро бояд эњтиром кард, ба он арљ гузошт. Дар хотир дорем, ки солњои пеш ташаббуси ташкил кардани китобхонањои шахсї пеш омада буд. Як ќисми шахсиятњои фарњангии љомеаамон бевосита дар манзили истиќоматии худашон чунин китобхонањоро, ки беш аз панљ-дањ њазор нусха китоб дошт, ташкил карда, ба хизмати њам-

шањриву њамдењаашон гузошта буданд.Дар шањри Истаравшан "Кошонаи Саъдї" - и Акбар Бобохољаев аз њамин гуна китобхонањо буд. Аз рўйи шунидамон, имрўз низ чунин ташаббускорон дар кишварамон њастанд ва агар ба онњо аз нигоњи иќтисодї андаке кўмак карда шавад, бовар њаст, ки ин соњаро равнаќ мебахшанд. Чунон ки вазири маорифи Тољикистон Нуриддин Саидов дар Фестивали љумњуриявиии Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон иттилоъ дод, айни њол дар мактабњои миќёси љумњуриамон 3815 китобхонаи мактабї њаст, ки кўдакону хонандагони синфњои болоии таълимгоњњо ба таври фаровон аз онњо истифода мебаранд. Дар баробари ин, 63 литсей, 53 коллељ ва 36 мактаби олї китобхонањои алоњидаи худро доранд, ки дар хизмати шогирдону донишљўёни онњост. Чунин ташкил кардани кори соњаи маориф минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон мусоидат хоњад кард. Вазорати маориф њамчунин 170

номгўй китоби бадеиро барои хониши мустаќилона ба хонандагону тарбиятгирандагони мактабњо ба сифати хониши бадеї тавсия додааст. Дар худи њамин сол бояд боз 60 номгўй китоби дарсї бо теъдоди 40 њазор ададї нашр шавад. Умуман, 1 миллиону 300 њазор китоби дарсї чоп шудааст ва то поёни сол боз 46 номгўй китоби дарсї ба нашр хоњад расид. Имрўзњо Китобхонаи миллии Тољикистон майдони марказии пойтахтро њам бо намуди шарќиёна ва њам бо шароиту дарбаргирии мавод, теъдоди зиёди китобњо бо забонњои гуногуни давлатњои дунё зеб додааст. Пас, чаро бањри афзун гардондани дониш ва мањорату малакаамон аз чунин хазинаи пурмуњтаво истифода набарем? Танњо хиради азалии мардумро бояд тањрик дод, зеро халќи тољик аз азал дорои чунин сифатњои њамидаи инсонї буд. Касе аз мутолиаи китоб зарар надида, балки аќлу хирад, дониш ва фарњанги миллиро ба худ гирифтааст. Бошад,ки омўзиш шуѓли њамешагии мардуми мо бошад. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

њодияи методии муаллимони синфњои ибтидоии ноњияи Сино мебошад. - Дар њамоишу машваратњои омўзгорони мактабњои ноњия аслан аз корбурди шевањои навини таълимї дар њамбастагї бо технологияву васоити техникии замонавї суњбат карда, дарсњои кушоди намунавї мегузаронем, шарњ медињад муаллима. Аммо, ба аќидаи Назира вазифаи аввалиндараљаи омўзгор шиносої бо дастурњои навтарини методию таълимї ва омўхтани таљрибаи пешќадами њампешагон аст. Алњол муаллима дар синфи 2 -и "б", ки дар он 37 нафар толибилм ба сабаќомўзї машѓуланд, машѓулият мегузаронад. - Соли гузашта 41 нафар шогирдони ман, ки дар синфи 6 "б" таълим мегирифтанд, дар аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронї аз фанни забони тољикї ба нишондињандањои бењтарин ноил гардиданд, - мегўяд Назира. 39 нафар аз имтињон бањои хубу аъло гирифтанд, танњо 2 нафар бањои ќаноатбахшро сазовор гаштанд. Ин танњо як мисол аст, аз натоиљи судманди кори муаллима. Назира Олмуњаммадова тавъам бо пешаи омўзгорї фаъолияти илмии худро низ бо љањду талош идома медињад. Мавсуф ба шуъбаи аспирантураи ДЉТИБКСМ дохил гардида, рисолаи худро дар мавзўи "Асосњои педагогии ташаккули раванди маърифатии хонандагони синфњои ибтидої дар низоми нави тањсилот" оѓоз кардааст. Дар ин љода, аз маслињату њидояти устодон М.Лутфуллоев ва И.Абдуллоев ба таври васеъ истифода мебарад. … Назира њолия хеле серкору серташвиш аст. Вай азм кардааст, ки дар озмуни ноњиявии "Муаллими сол" ширкат варзида, аз ќавли шоир, "зарби худро биозмояд". Васоити аёнї тањияву омода мекунад, маќолањои методии худро, ки дар њафтаномаи "Омўзгор" ба чоп расондааст, дар папкаи алоњида љой менамояд, дарсњои иловагї мегузаронад. Вай боварию эътимод дорад, ки дар озмун, албатта, пирўзї ба даст меорад. Воќеан, ба ин бонуи иродатманду фарзона ва донишпажўњ мо низ комёбињо хоњонем! Шодї РАЉАБЗОД, "Омўзгор"

4КИТОБИ НАВ СУННАТЊОИ ЯЃНОБИЁН

Бо ибтикори ташкилоти љамъиятии "Маркази омўзиш, тањќиќ, тарљума ва нашри адабиёти љањон" китоби нави номзади илми филогия Гулмурод Неъматов тањти унвони "Суннатњои мањаллии яѓонобиёни болооби Варзоб" тавассути нашриёти "Ирфон" ба нашр расид. Китоби мазкур аз муќаддима, бахшњои "Маросими љашни арўсї", "Хатнасур", "Номгузорї", "Наврўзи яѓнобиёни болооби Варзоб", "Истилоњоти чорводорї ва суннатњои он" ва хулоса иборат аст. Муњаррири масъули китоб Шодї Шокирзода таъкид намуд, ки Гулмурод Неъматов беш аз чил сол боз дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №11-и дењаи Зуманди ноњияи Варзоб ба њайси муаллими синфњои ибтидої фаъолият менамояд. Ў соли 1998 тањти роњбарии доктори илми филология, профессор Д.Карамшоев дар мавзўи "Лексикаи чорводорї дар забони яѓнобї" рисолаи илмиашро њимоя намуд ва аввалин номзади илми филология аз байни яѓнобиён мањсуб мешавад. Номбурда муаллифи китоби "Яѓноби зивоки алифбо" ("Алифбои забони яѓнобї". -Душанбе, 2004), силсилаи маќолањои илмию методї ва яке аз муаллифони фаъоли нашрияњои педагогї мебошад.


РАНГОРАНГ

№17 26-уми апрели соли 2013

4ТАЊСИЛОТИ ТОМАКТАБЇ

4КЎДАКИСТОН

ВАЗЪИ КЎДАКИСТОНЊО ХУБ, ТЕЪДОДАШОН КАМ Аз суњбат бо мутахассиси муассисањои томактабии шуъбаи маорифи шањри Вањдат Мавлуда Муњаммадиева маълум шуд, ки дар шањр 18 муассисаи томактабї фаъолият доранд ва 1973 нафар кўдак аз љониби 98 нафар мураббия парасторї мешаванд. Аксари мураббияњои кўдакистонњо соњибмаълумоту эљодкоранд. 52 нафар бо маълумоти олї, 31 нафар бо маълумоти миёнаи касбї ва боќимонда ба таври ѓоибона дар муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї тањсил карда истодаанд. Дар 4 кўдакистони такягоњї бо ташкили семинару њамоишњои касбї, дарсњои кушод таљрибаи мураббияњо, мудирон ва мушовирони эљодкору пешќадам манзури дигарон мегардад. Ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии мањаллии шањр барои фаъолияти самараноки кўдакистонњо, таъминоти онњо бо хўрок, сари ваќт таъмиру муљањњаз намудани онњо, назорати вазъи саломатии кўдакон, тозаву озода нигоњ доштани боѓчањо ќобили зикр аст. Чанде пеш дар шањр озмуни "Мураббии сол"-ро гузарониданд ва дар ин санљиши мањорат 7 нафар мураббияи бењтарини кўдакистонњо фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин сабќати мањорат мураббияи кўдакистони раќами 4 Фирўза Зоирова ба љойи аввал сазовор дониста шуд. Ѓолиб ва њамаи иштирокчиёни озмун аз тарафи њукумати мањаллї ќадрдонї шуданд. Муассисањои томактабии шањр дар доираи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Барномаи рушди томактабї" ва Ќарори ЊЉТ "Оид ба Стратегияи миллл ии Љу мњ ури и Т ољики ст он дар бораи рушди саломатии кўдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015" ба тасвиб расидаанд, фаъолият доранд. Дар доираи ин

њуљљатњои муњим дар аксарияти муассисањои томактабии шањри Вањдат тармиму барќарорс ози и би н оњо, с охт монњои иловагї, таъмини ашёи зарурї аз тарафи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањр, шахсони саховатпеша, кўмакњои хайрхоњонаи падару модарон ва дигар сарчашмањои буљавї иљро

4ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ Тањсилоти ибтидоии касбї яке аз зинањои муњими соњаи маориф буда, фаъолияти он барои таъмин намудани иќтисоди миллї бо мутахассисони зинаи аввали тањсилоти касбї равона карда шудааст. Бо маќсади ба таълим фаро гирифтани муњољирони мењнатї дар заминаи муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии љумњурї курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњо ташкил карда шудаанд. Дар наќшањои таълимии курсњои мазкур дар баробари омўхтани фанњои тахассусї, омўзиши фанни забони русї низ дохил карда шудааст. Рўзи 26 марти соли равон дар ноњияи Рўдакї ярмаркаи љойњои кори холї баргузор гардид ва беш аз 300 љойи кор пешнињод гардид.Барои кор 9 нафар роњхат гирифтанд. Албатта, барои ин ноњияи серањолї ин миќдор хеле кам аст. 24 нафари дигар барои омўзиш дар курсњои кўтоњмуддат номнавис карда шуданд. Иловатан бо ихтисосњои андовагар, устои хиштчин, дуредгару пардоздињандаи бино 80 љойи кори холиро КВД "Тољикхориљакор"-и Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод кард. Шартњояш њам чандон мураккаб набуданд: роњкиро аз њисоби корфармо (баъдан аз маош дошта мешавад); маблаѓи иљозатномаи корї аз њисоби корфармо ва талаботи дигар ва он њам донистани забони русї, ки барои муњољирони корї хеле муњим аст. Њамкории Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар ин самт бо Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, инчунин Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон хуб ба роњ монда шудааст. Мо барои шинос шудан бо фаъолияти

шуданд. Барномаи зикргардида давра ба давра татбиќ гашта, имкон дод, ки сифати тарбия ва таълим, заминаи моддї-техникї, пояи кадрї ва ри ояи муќаррарот и аснод и меъёрии њуќуќии соњаи муассисањои томактабї бењтар гардад. Муассисањои томактабї њамон тавр, ки масъулини ду кўдакистони бо фаъолияти онњо шиносгардидаи мо иброз намуданд, аз рўи барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабї "Рангинкамон" фаъолият мекунанд. Кўдакистони раќами як "Лола" (мудираш Адолат Ѓафурова) бо покизагию ташкили кор, љо ба љогузории кадрњо намунаи ибрат аст ва бесабаб нест, ки мудираш дар озмуни "Кўдакистони сол" ѓолиб омада, аз љони б и шуъ б аи маори ф в а маќомоти иљроияи њокимияти давлатии мањаллии шањр бо туњфањо ќадр карда шуд. Албатта, њанўз њам баъзе мушкилоти њалталаби соња, аз ќабили таъмири асосї, дурусттар љињозонидани кўдакистонњо, толорњои варзишї, таъмини онњо бо бозичањо, б ењ т ар к ард а н и т а ъ ми н от и бачањо бо хўрокињои серѓизо таљдиди назарро таќозо мекунад. Дар маљмўъ вазъи кўдакистонњои шањри Вањдат хуб, вале мисли дигар шањру ноњияњои кишварамон шумораашон њанўз кам аст. С.ИСКАНДАРОВ, "Омўзгор" ДАР СУРАТ: Мудири кўдакистон Адолат Ѓафурова бо бачањо.

- Дар кўдакистон бунёди таълиму тарбия гузошта мешавад, мегўяд мудири кўдакистони №9и шањри Вањдат Гулсун Шарифова. - Мањз дар њамин даргоњи муборак хурдтаракон аввалин ќадамњои худро ба олами маърифат мегузоранд, нишонањои мањорату истеъдоди худро вобаста ба ин ё

"БУНАФША" ЊАМЕША ШУКУФОСТ

он амал зоњир менамоянд. Аз ин рў, фаъолияти кўдакистон бањри ташаккули хислатњои њамида дар кўдакон ањамияти басо муњим дорад. Воќеан њам, кормандони кўдакистони №9, ки "Бунафша" ном дорад, ин нуктаи муњимро хуб дарк кардаанд ва њамвора кўшиш бар он доранд, ки дар кори таълиму тарбия тозакору навовар ва масъулиятшинос бошанд. Бо азму талоши ањли кўдакистон ва бо дастгирии шуъбаи маорифи шањр ин ошёни хурдтаракон пайваста обод ва бештар муљањњаз мешавад. Ин љо бењтарин мураббияњо, ѓамхору мењрубони кўдакон ба таълиму тарбия

4НАВГОНЇ

ќонун якчанд вохўриву мулоќот бо волидон баргузор карда шуд, ки њама хусусияти тавзењиву рањнамої доштанд. - Ман њар субњ чун мебинам, ки кўдакон бе саркашиву инљиќї аз дасти падар ё модари худ гирифта бо чењраи шукуфо ба сўи кўдакистон меоянд, тамоми њастиямро њиссиёти гарму гуворое фаро мегирад, мегўяд Г.Шарифова. - Ва худро баѓоят хушбахт дармеёбаму аз пешаам бештар ифтихор мекунам. Њамчунин, азм бар он мекунам, ки барои боз њам тањким бахшидани фаъолияти хеш бикўшам… А.ИЛЁСПУР, "Омўзгор"

НАШРИЯИ НАВ

Боз як нашрияи нав бо номи "Нури дониш", ки аз њаёти ањли маорифи шањри Истаравшан наќл мекунад, ба дасти муштоќони соњаи маориф расид. Дар шумораи аввали он паёми табрикии раиси шањри Истаравшан И. Абдуллоев ба табъ расидааст. Њамчунин, сардори раёсати маорифи шањр О. Икромов аз хусуси вазифањои минбаъдаи ањли маориф андешаронї намудааст. Яке аз иќдоми хуби ањли эљоди "Нури дониш" он аст, ки минбаъд зери рубрикаи "Мудирони маориф" аз хусуси машъалафрўзони маорифи шањри Истаравшан мавод чоп менамояд. Дар шумораи аввалини он дар бораи фаъолияти нахустин мудири маориф Бањриддин Азизї навиштае пешкаши хонандагон гардидааст. Њамчунин, аз хусуси ѓолибони олимпиадаи фаннии мактаббачагони шањр маводи мусаввир ба табъ расидааст. Чанд навиштае, ки зери рубрикањои "Аз дафтари хотирањо", "Донистан хуб аст", "Дигаргунињои минбаъда" љой дода шудаанд, хонданбобанд. "Нури дониш" нашрияи раёсати маорифи шањр буда, моње як маротиба бо теъдоди 3 њазор нусха(бо забонњои тољикї, русї ва ўзбекї) нашр мешавад. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

КУРСЊОИ КУТОЊМУДДАТОМИЛИ РУШДИ КАДРЊОИ КОРГАРЇ

Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар ноњияи Рўдакї ва муассисањои зерсохтори он бо сардори раёсат Холназар Баротов мусоњиб шудем. Мавсуф ќайд кард, ки оид ба иљрои нусха аз Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2013 љињати љалби њарчи бештари шањрвандони кишвар ба омўзиши касбњои коргарї ва такмил додани малакаи тахассусии онњо дар њамкорї бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон корњои зиёде ба анљом расидаанд. Дар асоси Созишномаи њамкорї миёни Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Раёсати Агентї бо ташкилоти љамъиятии "Дўстїрафоќат", коллељи муњандисию омўзгорї, ташкилоти љамъиятии масъулияташ мањдуди "Рауза", ташкилоти љамъиятии масъулияташ мањдуди "Мададгор", ташкилоти љамъиятии масъулияташ мањдуди "Сомон Салимзода", ташкилоти љамъиятии "Олами кўдакон" созишномаи њамкорї оид ба касбомўзї ба тариќи худмаблаѓгузорї ва шањодатномакунонии малакањои касбии шањрвандон бо бекорон ва муњољирони мењнатї баста шуданд. Дар семоњаи аввали соли 2013 139 нафар шањрвандон ба шањодатномакунонии малакањои касбї фаро гирифта шуданд ва ба тарзи худмаблаѓгузорї бошад, 260 нафар курсњои кўтоњмуддатро хатм карданд. Бояд гуфт, ки барои шањодатномакунонии малакањои касбї фарогирии 36 соати дарс њатмї буда, шањрвандони бешуѓли њамагуна синну сол метавонанд дар ин гуна курсњо иштирок намоянд. Соли 2012 324 нафар шањванд, ки дар беш аз сї курси омўзишї аз рўи 33 касбу њунар ба омўзиш љалб шуда буданд,

машѓуланд. Ба фаъолияти кўдакистон Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон" такони љиддї бахшид. Пеш аз њама, иртиботи волидон бо кўдакистон, таваљљуњи онњо ба рафтору кирдори фарзандонашон бештар гардид. Бо ибтикори мудири кўдакистон Г.Шарифова дар заминаи ин

соњиби чунин шањодатнома шуданд. - Мушкилї дар тайёр кардани коргарони мутахассис ин ба шањрвандон фањмонда натавонистани моњияти фаъолияти курсњои кўтоњмуддати аз љониби Агентї ва муассисањои зерсохтори он њаст,- мегўяд Холназар Баротов. - Намедонам, ки мо мардумро чї тавр фањмонем? Њол он ки танњо соли гузашта 868 нафар шањрванди ноњияамонро, ки љойи кор надоштанд, њам касб омўзондем ва њам бо љойњои кор таъмин кардем. Аз ин 372 нафарашон занњо ва 129 нафар љавононанд. 272 нафар шахсони бешуѓли хоњишманди касбомўзї ба марказњои таълимї равон карда шуданд, ки аксарияташон занон ва љавононанд. Аз онњо 19 нафар муњосиб ва коргузор бо МЭЊ, кафшергари газу барќ, челонгарони таъмири мошинњо буданд, ки тавассути маркази таълимии омўзиши модулї тайёр карда шуданд.131 нафар дўзанда, муњосиб, ќаннод, ошпаз ва барќчї тавассути маркази таълимї омўзонда шуданд.Тавассути маркази касбомўзии соњибкорї бошад, 86 нафар шањрванд бо ихтисосњои гуногун,аз љумла, ороишгар, кулолгар, мураббї ва барќчї тайёр карда шуданд.Њамин тавр, 36 нафар тавассути маркази калонсолон ба курсњои кўтоњмуддати омўзиши забонњои англисї ва олмонї ва ќанноду дўзанда фаро гирифта шуданд,илова намуд Холназар Таваккалович. Бо маќсади дар амал татбиќ намудани Созишнома дар бораи њамкорї байни Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 15 майи соли 2012 раёсати Агентї бо шуъбаи маорифи ноњия њамкории зич дорад. С.ИСКАНДАРОВ, "Омўзгор"

4МАЊФИЛ

ШОИРОН ДАР ЊУЗУРИ ХОНАНДАГОН

Дар литсейи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе мањфили бадеї дар доираи Њафтаи забон ва адабиёти тољик баргузор шуд, ки дар он шоираи ширинкалом Гулрухсор Сафиева ва адиби хушзавќ Ањлиддини Њисорї иштирок доштанд. Мањфилро мудири кафедраи забон ва адабиёти тољик Т.Сафарова ифтитоњ намуд. Баъдан хонандагон аз ашъори шоира намунањо ќироат намуданд. Хусусан, иљрои суруди "Раќси парасту", бо оњанги хоразмї аз тарафи хонандаи синфи 11"а" Фарањнози Фурќатулло ба ањли мањфил хеле писанд омад ва мењмононро љалб намуд. Мењмонони мањфил Г.Сафиева ва А.Њисорї дар охир ба ќабилияти шеърхонию шеърфањмии хонандагони литсей бањои баланд дода ба онњо комёбињои навин таманно карданд. Шоира аз ин мањфили баргузоргардида шод гашта, барои корњои бадеии хонандагон изњори ќаноатмандї намуда, дар мањфилњои оянда иштироки худ ва дигар адибонро ба наќша гирифтанд. Њамзамон мењмони дигари мањфил Ањлиддини Њисорї баргузор гардидани чунин чорабиниро сариваќтї њисобида, барои даъват ба чунин мањфили бошукўњ бо хонандагони литсейи № 2-и шањри Душанбе барои хонандагони болаёќат изњори миннатдорї намуд. Дар охир сарвари литсей С. Саидов иштироки мењмононро дар мањфили имрўза айни муддао дониста, ба хонандагон бори дигар таъкид намуд, ки дар рўзгорашон панди адибонро сармашќи кори худ намоянд. Маликноз ЌУРБОНОВА, муаллимаи забон ва адабиёти тољики литсей


ЭЉОД

№17 26-уми апрели соли 2013

4САНЉИШИ ЌАЛАМ

То кунам гуфтам ба шеъре лаб сафед, Ногањон шуд осмони шаб сафед. Ёдам омад устоди мўйсафед, Устоде, к-аз навиштанњо шуда Мўйи ў аз бўри мактабњо сафед. Бозор СОБИР

-Бубин, ин љой барои ман њам мисле, ки писанду дўстдоштанї ба назар меояд. -Шумо чї гуна ин љо омадед? пурсон шуд духтарак. -Мебинї, ки ман воќеї нестам. Њосили рўъёяму бас. Медонам, ки хеле њам ба суњбати ман ниёз дорї. Барои њамин, ин љоям. Ин аввалин дидору гуфтугўи духтарак бо рўъёи муаллим буд. Дигар њар гоњ, ки ў ба суњбати муаллим ниёз медошт, он лањза

хушандом оњиста-оњиста ба муаллими пири рўъёї табдил меёбад. Ин аввалин ва охирин рўъёи љавони муаллим буд. Дигар ба таври њамешагї ў дар рўъёхои духтарак њамон муаллими пир буд. Муаллим аз Русия, бозору мардикорї, мардуми он кишвар, фарњангу адабиёти онњо низ мегуфт. Аз он мегуфт, ки бачањои мо кафк ба лаб назди онњо аз гузаштагон ном бурда, аз беифтихорї ифтихор мефурўшанду мисрае аз бузургон

рўъёи муаллим пайдо мегардид. Боре аљиб рўйдоде шуд. Духтарак аз чї бошад, ки гузаштаи муаллим, љавониву сурати онзамонии ўро мехост дар зењн тасаввур намояд. Рўъё пайдо шуд. Духтарак хиљолатзадаву шармолуд он чиро аз зењнаш њамин њоло убур карда буд, бо рўъёи муаллим дар миён гузошт. Дар лабони муаллими хаёлї чизе моил ба дарду њасрат љўш зад. Дар пайи он оташаке дар ќаъри чашмонаш барќ заду њамоно хомўш гардид. Аз ин мавзўъ чизе нагуфт. Муддате хомўш монд. Нињоят оѓози ќисса намуд. Аз кўдакиву наврасї, бачагиву љавонї, аз хонаводааш гуфт. Аз айёми донишљўиву рўзгори беѓаму дарди он замонаш гуфт. Ў мегуфту духтарак хаёле дар он рўзгори пешини муаллим њамроњаш буд. Бо ў тўббозї мекард, аз чашма об меовард, ба талу теппањо мерафту гулњои бањорї мечид, ба имтињону санљишњо тайёрї медид ва њоказою њоказо. Духтарак дар идомаи гуфтори ин шабањ бо чї хаёле сар бардошту ба ў нигарист. Аз њайрат шах шуд. Дигар идомаи гуфтори рўъёро намешунид. Дар муќобилаш рўъёи муаллими пир набуд. Як љавони баландќомати хушлибос, бо чењраи љаззоб, мўи сари шонахўрда, ки шояд 22-24 сол дошт, бо ў њарф мезад. Гарданбанди хушгулаш бо њавои насими атроф бод мерафт. Ба ќавле, дањони духтарак "воз" монд. Ким-кадом як чизе дар сурату андоми ин љавоне, ки чењрааш њанўз ожанге надошт, нигоњаш њам мањзун набуд, ќоматаш росту њамвор буд, ёде аз муалими пири ў намеовард. - Њайрон шудї, духтарам? - Наход, наход, ин шумо бошед? - Оре, ин манам. Дурусттараш ин љавон ман будам, -љавоб гуфт рўъеи љавон ва шеърпорае хонд: Аз пайкару ќадди расо, як ќомати хам мондааст, Љойи љањони шодињо як олами ѓам мондааст. Аз чењраи бељурми ман як мушт ожанг мондааст, Аз њафтранги зиндагї рўзгори беранг мондааст. Духтарак медид, ки чї тавр бо ќироати шеър он љавони хушхату

дар ёд надоранд. Аз бемаърифатї, пастии фарњанги имрўзиён мегуфт. Бо дард, бо алам мегуфт... ...Боре духтарак рўъёи муаллимро то дер ваќт интизор шуд. Нињоят, шабањи муаллим пешаш пайдо гардид. Хаставу афсурдаву рангаш парида буд. Хаёле, ки майли суњбат надошт. Духтарак њам рамуз гирифтаву суолборонаш накард. -Биё, духтарам, боѓро тамошо кунем, каме чашмонамонро об дињем. Ба гулу гиёњу сабзањо саломе бидињем. Духтарам, ту аз омаданат ба боѓ даст накаш. Гулу гиёњу сабзањо низ забоне доранд, бо гўши дил онњоро бояд шунид. Онњо низ мисли мо мебошанд. Муѓљаву љавонаву шукуфаанд. Баъдњо ин хама зарду хушку хазон хохад шуд. Чанд рўз пеш шеъре хонда будам. Хаёле барои ман гуфта бошанд: Ѓунчањои шавќи ман охир, Аз шукуфтан боз монда Сурати ман як гули пажмурдаест, Пайкари ман ростї, њамчунДарахти аз хазон афсурдаест. Он њама андешањоям вањмангез, Њамчу сайди даргурезрамхўрдаест. - Хеле шеъри хуб аст, њамин тавр не? Духтарам, акнун хеле чизњоро медонї, Њарчанд инсон тамоми тўли умр меомўзаду ёд мегирад, боз њам муњтољи маслињату машваратест. Бикўш, он чиро, ки омўхтиву андухтї, дуруст истифода намої... ...Њаво якбора тира шуд. Шамоли тунде бархост. Миёни ин њама вазъи ногањонии атроф рўъёи муаллим ѓайб зад. Дили духтарак сиёњ шуд. Бори аввал буд, ки чунин њолат рух дод. Одатан муаллими рўъёї бо самимияту мењрубонї ба духтарак худоњофизї мекард. Аммо имрўз... Њарчанд духтарак худро бо њар роње мехост тасаллї бидињад, намешуд, ки аз ин вазъи нофорам рањо ёбад. Эњсос мекард, ки кадом як пайомади шуме дар роњ аст. Духтарак аввалин бор буд, ки шохе, гуле, гиёње, сабзае бо худ ба хона наовард... ...Муаллим вориди синф шуд. Духтарак њамоно ба муаллими воќеї нигарист. Айнан шабењи

(њикоя)

Оѓози соли тањсил. Сањни мактаб пур аз шогирдону устодону падару модарон. Пур аз гулу гулдаста, пур аз суруру шодї, пур аз ѓулѓулаву машѓала буд. Љамъомади њамешагии оѓози соли тањсил баргузор гардид. Шодбошњо гуфта шуд. Чанде аз шогирдон таронањо хондаву суруданд. Баъдан директори мактаб эълон дошт, ки яке аз муаллимони ботаљрибаи чанд соле дар муњољирати Русиябуда ба мактаб бозгаштааст ва муаллимро ба шогирдон муаррифї намуд. Муаллим як марди баландќомати таќрибан 50-55-солае буд, мўяш сафед, чењрааш пур аз ожанг, нигоњаш љиддї, абрўвонаш каме гирењхўрда. Ба назар чунин мерасид, ки суханњои дар мавриди ў гуфтаи директор барояш рабте надоранд. Андаке бепарво ба кадом як нуќтаи номаълуме нигоњ мекард. Духтарак аз суханони директор фањмид, ки њамин муаллим роњбари синфи онњо таъин шудааст. Духтарак норозиву нороњат шуд. Охир, ў мехост, ки роњбари онњо муаллими љавоне бошад, хушсимову хушандом бошад. "Хайр, бубинем, ки муаллими пиру фарсуда чї коре метавонад бикунад", - аз дил ѓузаронд духтарак. Баъд аз итмоми дарсњои рўзи аввал муаллим ба назди онњо омад. Бо тамкину оромиву нармие бо њар яке аз шогирдон шинос шуд. Чанд сухан аз наќшаву ниятњояш гуфт. Шеваи гуфтори муаллим аз дигар устодон хеле фарќ мекард. Насињату таъкидњои тўлониву дилбазан накард. Бо як лањни ширину гуворо њарф мезад. Духтарак бо гўшаи чашм ба њамдарсон нигаристу пай бурд, ки њама бо як тарзи њайратовару боварнакарданї ба њарфњои муаллим гўш медињанд. Охир, духтарак чи тавр маѓал бардоштану ѓавѓо карданњои онњоро хуб медонист. Њоло бошад, хаёле шеваи сухан гуфтани муаллим њамсинфонашро афсун карда буд. Бад-ин минвол, рўзњо сипарї мешуданд. Духтарак њаќиќатеро барои худ кашф кард. Ў ва аксари њамсинфон ба муаллим мењр баста буданд. Њар њафта рўзи шанберо бесаброна интизор мешуданд. Рўзњои шанбе дарси тарбиявї баргузор мегардид. Дар оѓоз муаллим барояшон ќиссањои аљибу андарзњои тозаву ношунидае мегуфт. Баъдан мавзўеро пешнињод ме-

кард ва сари он мавзўъ њай бањсу мунозирањое мешуд. Гоње њам шогирдон аз мавзўъњои мухталиф ба муаллим саволњои зиёде медоданд. Муаллим бо њамон тамкиниву нармии ба ў хос, хеле пурмуњтаво ба онњо љавоб медод. Духтарак аз ин љараён берун набуд. Ў акнун муаллими "ба дили худаш"-ро ёфта буд. Пештар њам саволњое дар фикри духтарак пайдо мешуданд, аммо духтарак ин њамаро бо роњбари собиќи синфашон, бо падару модараш дар миён гузошта наметавонист. Фосилае байнашон буд. Ин муаллим њамин фосиларо тавонист аз миён бардорад. Дигар духтарак доир ба њар мавзўъ бо муаллим суњбат мекард. Аммо эњсос мекард, ки аз ин суњбатњо сер намешавад. Охир, муаллим њар рўз наметавонад, танњо бо ў гуфтугў дошта бошад. Дар дигар синфњо дарс мегўяд, зиндагии худашро дорад. Боре фикри аљибе дар маѓзи духтарак пайдо шуд: "Кош, духтараш мебудам..." Духтарак як одат дошт. Њар рўз, соате канори боѓашон мерафт, гаштугузор мекард. Ба талу теппањои самти ѓарбии дења, ки рў ба рўи хонаи онњо ќарор дошт, хеле чашм медўхт. Аз канори њавлиашон рўди кўчаке љорї буд, мардум он мавзеъро "Сой" мегуфтанд. Духтарак њамеша бањору тобистон, тирамоњу зимистон, рўзњои пурбарфу борону сарду офтобї канори њавлї мерафт. Шохае, барге, гиёње, гулаке, сабзаеро интихоб мекарду мебардошту меовард хона. Дафтари бузурге дошт. Дар он аз шохаву баргу гиёњу гулу сабза манзумае месохт. Имсол њам корро идома медод. Духтарак канори њавлї, зери сояи себи бузурге нишаставу атрофро менигарист, аммо наметавонист, рўи чизе тамаркуз намояд. Чењраи муаллим пеши рўяш буд. Чашмони каме мањзун, чењраи пур аз ожанг, мўйи сафед, ќомати андак хамидаи муаллим мисли рўъёе пеши назараш меомад. Ногоњ рўъё ба сухан даромад: -Мебинам, ки ин љоро хеле дўст дорї. -Оре, ман чанд сол аст, ки ба таври хамешагї ин љо меоям, љавоб гуфт духтарак.

4ТЕСТ Санљиши тестї нисбат ба корњои санљишї дорои як ќатор бартарињо мебошад ва аз ин љост, ки ваќтњои охир дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, гимназия ва литсейњо њар чоряк барои аниќ намудани дониши азбаркардаи хонандагон аз тестњо истифода менамоянд. Дар литрейи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе бо иштироки як гурўњ омўзгорони љавони ноњияи Сино дар мавзўи "Санљиши тестї яке аз усулњои нави меъёри бањодињї ба дониши хонандагон" семинар ташкил ва гузаронида шуд. Њадаф аз ташкил намудани семинар ёрии методї расонидан ба омўзгорон оид ба моњият ва истифодаи тест, инчунин, дар равиши кор мавриди тањлилу санљиш ќарор додани он буд. Семинарро директори литсей С.Саидов њусни оѓоз бахшида, бо истифода аз комютеру проектор дар бораи 5 намуди тест : - намуди пўшида бо интихоби дурусти як љавоб; - намуди кушод; - мувофиќ омадан;

МЕЪЁРИ НАВИ БАЊОДИЊЇ

- барќарор намудани дурустии пайдарпайї; - намуди пўшида интихоби дурусти њамаи љавобњо ва тарзи истифодаи онњо дар дарсњо маълумот дод. Омўзгорони литсей вобаста ба мавзўъњои гузашта дар њар як чоряк ба ѓайр аз корњои санљишие, ки ба барнома дохил карда шудааст, аз рўи намуди тестњои 1 ва 2 тест тартиб дода, бањои корњои санљиширо бо натиљаи тестњо муќоиса менамоянд. Муаллимони таърихи халќи тољик аз мактаби №33 Муњамносирова Мадина, Ибодова Замира, муаллимаи забони англисї аз мактаби №25, Бобошарипова Ганљина, муаллимаи забони русии мактаби №90 фикру аќидаи худро дар бораи семинар иброз дошта, таклиф намуданд, ки дар бораи пањлўњои гуногуни дарс ва муаммоњои педагогї бештар чунин семинарњо ташкил намоянд. Дар литсей бо намояндагони Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестї" бо падару модарон ва хонандагони синфњои

10 вохўрї ташкил карда шуд. Њамоњангсози Маркази миллии тестї Шамсов Имомиддин падару модаронро бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 марти соли 2008, №114 њамчун зерсохтори Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон љињати амалї намудаш низоми нави ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон тариќи имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї таъсис дода шудааст шинос намуд. Сармутахарсиси шуъбаи идора ва ќабули тест Бўриева Муаззама дар борак низоми нави ќабули довталабон ба мактабњои тањсилоти олии касбї (МТОК), ки аз рўи 407 тахассус аз 29 МТОК-и Љумњурии Тољикистон сурат мегирад, бартарињои низоми нав, људо шудани тахассусњои МТОК-и Љумњурии Тољикистон ба 5 кластер маълумоти мушаххас дод. Ў иброз дошт, ки довталаб њуќуќ дорад,

рўъёйи дирўзї буд, муаллим. Дили духтарак тањ кашид. Дарс оѓоз гардид, муаллим мегуфту дар тахта менавишт, шарњ медод, ангорањое мекард. Гоњ-гоње ноаён даст ба ќафаси сина мебурд. Ќаблан њам духтарак ин њаракати муаллимро медид. Духтарак эњсос мекард, ки муаллим мушкили ќалбї дорад. Сухани муаллим ќатъ шуд. Худро рўйи курсї кашид. Дасти чапаш њамоно рўйи синааш буд. Пайкари муаллим якбора хам хурду болои миз афтод. - Усто-о-од! - беихтиёр нињеб бардошт духтарак. Хаёле ин овоз дару тирезањову деворњои синфро пора карда дар тамоми фазои мактаб печид. Ин нидо он ќадар дарду алам дар худ дошт, ки њељ садде наметавонист" пеши онро бигирад. Духтарак миёни муаллимону шогирдону канори устодаш ќарор дошт, аммо танњо худу муаллимро медид, медид, ки аз муаллимаш танњо љисме бар љой монда, рўњаш њанўз дирўз омодаи сафари дур будааст. Медиду бовараш намешуд, ки ў дигар мурдааст. Он рўзу он шаб духтарак ба марги муаллим бисёр гирист. Ба ќавле, обу адо шуд. ...Субњи рўзи дигар дар сањни мактаб, назди хонандагон директори мактаб чанд сухани хушку ќолабї ба хотири муаллим гуфт. Исёне, туѓёне, инќилобе пайкари духтаракро фаро гирифт. "Наход барои чунин инсоне, барои чунин устоде ин гуна сухан гўянд. Аз сафи њамсинфон берун шуд, пеш баромад, дар муќобили хонандагон ќарор гирифт. Эњсос мекард, ки дардаш бузург аст, талафоте додааст, ки њатто, њамин кўњи бузурги дар дурињо саркашида наметавонад ба он ќиёс шавад. Дар баробари сухан гуфтан рўшанаш мешуд, ки чї ќадар танњои танњо мондааст. Дарднок буд ин њолат. Духтарак канори боѓ рафт. Он љоеро, ки рўъёи муаллим ба таври њамешагї пайдо мешуд, дуру дароз, бо дарду алам, бо муњаббати зиёд бо нигоњаш ламс намуд. Рўъёи муаллим низ баъди маргаш ѓайб зада буд... ... Хеле об аз сар гузашт. Духтарак мактабро хатм кард. Номаи камол дар даст вориди хона шуд. - Биё, духтарам, муборак шавад, - гўён падараш бо мењр аз љабинаш бўсид. - Мо ин рўзро хеле интизор будем, духтарам, - ба гуфтугў пайваст модараш. - Дар яке аз донишгоњњои маъруф бо чанд нафар гапзанон кардем. Худо хоњад, њуљљатњоятро месупориву дидї, ки дар чашм ба њам задан донишљў шудї. - Ман ба донишгоњи омўзгорї меравам, - оромона гуфт духтарак. - Ба куљо? Ба донишгоњи омўзгорї? Барои чї? - шурид падараш. Дар њоле, ки ќатрањои ашки сўзон аз гунањои шодобу љавони духтарак мешориданд, љавоб гуфт: Ба хотири муаллим... Азимхон МАЛАХОВ, омўзгори мактаби раќами 45-и ноњияи Рўдакї

ки то 10 тахассус ва МТОК- ро дар доираи 1 кластер вобаста ба намуд (ройгон ва ѓайриройгон), шакл (рўзона ва ѓоибона) ва забони тањсил (тољикї ва русї) интихоб намояд. Дар асоси наќшаи генералии Маркази миллии тестї ва фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 24.01.2013, №161 љињати санљиши тартиб, расмиёт ва љузъиёти низоми нави ќабули довталабон ба МТОК - и љумњурї озмоиши калон гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони синфњои 10 иштирок менамоянд. Баќайдгирии довталабон дар шањрњои Душанбе, Ќурѓонтеппа, Хуљанд , Хоруѓ аз рўи њуљљатњои зерин гузаронида мешавад: - шиноснома ё шањодатномаи таваллуд; - гувоњномаи тасдиќкунандаи мактаб оид ба тањсил дар синфи 10; - расид (квитансия) аз Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шуъбањои он оид ба пардохти 5 сомонї; - њуљљати тасдиќкунандаи дараљаи маъюбї ва КНТ (дар њолати маъюб будан). Дар вохўрї ба саволњои падару модарон ва хонандагон Шамсов Имомиддин, Бўриева Муаззама ва Муртазоќулова Наргис љавобњои мушаххас гардонида, ба иштирокчиён буклету плакатњо таќдим намуданд. Муњаммадї НАРЗИЌУЛОВ, љонишини директори литсейи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе


ГУЛШАНИ РОЗ 4БА ОЗМУНИ «ТАФСИРИ ЯК БАЙТ»

ШАРЊИ СЕ БАЙТИ ЊОФИЗ

ХЕЗУ ДАР КОСАИ ЗАР...

Албатта, гоње мустаќиман кас наметавонад ба тањлили як байт оѓоз намояд, хоса, гўяндаи он агар шоири машњуре чун Хоља Њофиз бошад. Тафсири ашъори шоирони ориф ё орифони шоир, пеш аз њама, баста ба маслаку тариќати ирфонии онон дорад. Бешак, метавон њар байтеро аз шоире, новобаста аз ин ки шоири классик аст ё муосир, ба мисдоќи масали "як сухан сесаду шасту шаш пањлу дорад", тањлили орифона кард, ё аз он маънои ирфонї берун овард. Чунин намунањоро метавон аз хилоли ашъори устодони шеъри муосири тољик Мирзо Турсунзода (масалан байтњои алоњидаи шеъри "Њамин кофист") ва Лоиќ (масалан "Ту Яктоиву ман Яктопарастам") пайдо карду шарњи ирфонї дод, дар њоле, ки ин шоирон ќатъан аз арбоби тариќат набудаанд. Аллома Шиблии Нуъмонї низ дар асари машњураш "Шеър-ул-аљам" ба чунин шоирону намунаи чунин ашъор ишорањо кардааст. Аммо дар мавриди ашъори Хоља Њофиз садсолањост, ки сухани ањли басират аз маќулаи дигар будааст. Ѓазали Њофизро садсолањост, ки тафсир мекунанду боз њам сухани охир гуфта намешавад. Зеро Њофиз, бо ин ки як ѓазалсарои бузург аст, боз донандаи улуми замони худ ва њамчунин улуми пешазисломї, хоса фарњангу ирфони пуррамзу рози Митрої, Зарвонї, Зардуштї ва њикмати юнонї низ њаст. Аз ин љост, ки авастошиносони бузурге, чун Њошими Разї ва амсоли онон аз ашъори Хоља барои тафсири баъзе масоили зардуштї низ кор љустаанд ва абёти зиёдеро бар мабнои ирфони зардуштї тафсир намудаанд. Шоири шеъри нав ва яке аз Њофизшиносони бузурги ќарни 20 Ањмади Шомлу ѓазалиёти Њофизро ба гунае, ки дар девони ў омадаанд, ќабул надошта, бо ба кор гирифтани маъониву мантиќу ќиёс онњоро љобаљо кардаву албатта, ба зиддияти шадиде њам дучор гардида. Дар њоле, ки кори анљомдодаи ин шоир дархўри мулоњизаву андеша низ њаст. Њоло моро лозим аст, ки се байтро аз 3 ѓазал тафсир кунем. Ќабл аз он, ки ба ин амал даст занем, бояд донем, ки тариќати Њофизро "маломатия" гуфтаанд ва дар шеъри ў вожаи "ринд" на ба маънои аслии он, балки ба маънои љавонмарду инсони воќеъиву ворастае, ки пушти по ба ду олам задааст, омада.

Байти аввал:

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз, Пештар з-он, ки шавад косаи сар хок, андоз. Ин ѓазал аз 8 байт иборат аст ва дар бањри рамали мусаммани махбуни аслами мусаббаъ, бо вазни фоъилотун-фаъалотун- фаъалотун-фаълон эљод шудааст. Пеш аз њама, дар мисраи аввал амр аст (Хез!) ва дар мисраъи дуввум иллати ин амри муњим (пештар аз он, ки марг фаро расад) ташрењ ёфтааст. Амре, ки аз иљрои он саркашї имкон надорад. "Косаи зар" ба љойи њамон љом, соѓар, сотгин, паймона ва њар зарфе, ки барои нўшидан аз он истифода мешавад, омадааст. "Оби тарабнок" киноя аз шароб аст, оби ангур, ки тарабу хушњоливу

шодї меофаринад. Дар мисраи дуввум таркибњои "косаи сар" ва "хокандоз" ба ду таркиби мисраи аввал иртиботи маънавї доранд ва истењкоми он дуро таъмин намудаанд. Таркиби "хокандоз"-ро ба се шакл таъбир кардаанд: Хок андоз! дар ин љо феъли амр аст, ба маънии бирезу бинўш, ки дар ин сурат маънои байт чунин мешавад: бархезу дар љоми заррин, пеш аз он, ки косаи сар ба хок табдил шавад, шароби шодибахш бирезу бинўш. 2. Агар хокандозро сифати мафъулии мураккаб бигирем, ба маънии ба хок афтодаву дар хок андохташуда мебошад ва дар ин сурат маънии байт чунин мешавад: пеш аз он, ки косаи сар дар хок андохта шавад, шароби шодибахш бирезу бинўш. 3. Хокандоз дар маънии василае, ки бо он, хокро љамъ мекунанд. Ба андешаи мо, мањз калимаро "хокандоз" бояд пазируфт, њамон асбобе, ки бо ин ном то њол миёни мардум мустаъмал аст. Њосили маънии байт: Чун Њофиз ринде вораставу беэътино бар њар ќавоид аст ва медонад, ки дар косаи заррин хўрдану нўшиданро шариат њаром њисобидааст, бепарвову лоќайдона мегўяд: Пеш аз он, ки косаи сари мо ба хокандоз табдил ёбад, тасаввураш чандон мушкил нест, косахонањои сарро дар гўрњои фурўуфтода бисёр дидаем, ки бо хок пур гаштаанд, - бархезу дар косаи заррин шароб андоз, то бинўшем. Медонад, ки нўшидани шароб гуноњи бузург аст ва ќасдан нўшидани онро бо косаи зар, ки мамнуъ аст, тавсия мекунад, то азамати гуноњ дучанд шавад ва ин аз хавоси шеъри ўст, ки бо он зуњњоди хушкро азият мекунад.

Байти дуввум

Хирќаи зуњди маро оби харобот бибурд, Хонаи аќли маро оташи майхона бисўхт. Ин байти панљум аз як ѓазали 8-байтии Хоља аст, ки дар он њам калимоти хоси ирфону ашъори ў љой доранд: Хирќа - либосии расмии ањли тасаввуф ё њамон сўфиён. Зуњд - порсоиву покизагї. Харобот - бархе дар ташрењи ин калима онро ба "хуробот = хур+ обот" - марбут ба Хуршед аз ойини Мењрпарастї. "Оби харобот" - њамон бодаву май. "Хонаи аќл" - изофаи ташбењист ва аз он љо, ки аќл инсонро роњнамосту ўро мањфуз медорад, ба хона ташбењ шудааст. "Оташи майхона" - баробар аст бо "оби харобот" - яъне, май. Њосили байт: "Оби харобот зуњди риёии маро бурду нобуд кард ва шароби оташин, аќли моддии маро зоил кард, яъне, мастї сабаби дур шудани аќлу зуњди риёї гашт."

Байти саввум

Ман пири солу моњ наям, ёр бевафост, Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам. Ин байт баргирифта аз як ѓазали 10байтии Хоља њаст, бо вазни мафъул-фоъилот-мафоъил-фоъилун ва бањри мазореъи мусаммани ахраби макфуфи махзуф. Аз ин байти Хоља набояд ягон хел шарњи ирфонї истинбот намуд, чун ба вузуњ ошкор аст, ки сухан аз њолати воќеии инсон ва гузари айми ў меравад. Яъне, "ман аз нигоњи солу моњ пир нагаштаам, балки љафои ёри бевафо маро пир намудааст." Дар байти мофавќи ин ишора ба Паямбари охир аст, ки "фитнаи чашм"-аш боиси эманї аз "фитнаи охирзамон" гардида. Нукоти тасаввуфии ин ѓазал дар абёти 4, 5, 6, 7 ва 8 нуњуфтаасту байти мавриди назари мо бо байти матлаю маќтаъ аз ин миён мустасност. Файзулло БОЌИЕВ, муаллими забону адабиёти мактаби № 5-и дењаи Дарѓи ноњияи Айнї, Аълочии маорифи ЉТ

№17 26-уми апрели соли 2013

4НАЗМ

СОЊИБФАЗИЛАТ

АШКИ МАРД

Як ќатра ашки мард дунёи Ба дўстам С.Рањимзода розњост, Дўстам, њастї басе соњибњунар, Дунёи сўзњо, дунёи созњост. Аз фурўѓи илму дониш бањравар. Як ќатра ашки мард дардест Чун чароѓи рањнамої бањри мо, бењудуд, Дур аз мо мекунї хавфу хатар. Ифшогаре зи бас аљзу ниёзњост. Лутфу эњсону адолатпарварї Як ќатра ашки мард эњсоси Бањри ту мерос бошад аз падар. зиндагист Дар сухан устод њастї, шод бош, Талхии ќисмат аст, дунёи Њар амал пайваста дорї бо самар, бехудист. Ифтихори мо бувад аз њастият, Шод бошї то абад, марди њунар!

ДЎСТ МЕДОРАМ

Бањори нозанини Ориёнро дўст медорам, Бањори сарзамини тољиконро дўст медорам. Бањор омад, табиат зинда гашту накњатафшон шуд, Тамошои замину осмонро дўст медорам. Ба кўњу дашт борони бањорї резаду резад, Бањори файзбору гулфишонро дўст медорам. Ба њангоми сањаргоњон чї форам чак-чаки борон, Садои шир-шири оби равонро дўст медорам. Муборакпай расид Наврўз, ёрон, дар Ватан имрўз, Дигар пайваста сайри бўстонро дўст медорам. Биё, эй навбањори ман, љањонамро мунаввар кун, Ки ман бо ин шукуфої љањонро дўст медорам. Љумъахони БОБОЗОДА, омўзгори мактаби №6, ноњияи Муминобод

ДИЛСИЁЊ Гарчи гоње зи назарњо дурї, Лек бо њарфи бадат манзурї. Амалат ранги заифон бошад, Дида биност, валекин кўрї. Гарчї авзои замон рангин аст, Ту њама бешарафу нољўрї. Арсаи вањдати мо гулзор аст, Гум шавад шеваи муштамзўрї. Њама чиз дар назарам мисли њубоб, Ту њамон кавданаки шабкўрї. Аз танўри дили ту лахча намонд, Накунад дуд дигар ин мўрї. Маъруфи ЊИСОМ ноњияи Айнї

4ИНТИХОБИ КАСБ

ЊУНАР БЕЊ АЗ СИМУ ЗАР Мусаллам аст, ки кўдакону наврасон фаќат бо як умед донишу илм меомўзанд, то ки соњиби касбу коре шуда, дар оянда бо аќлу хираду мењнати хеш дар љомеа сањмгузор бошанд. Вале барои мавќеи худро дар интихоби касб дуруст муайян кардани наврас, дар њељ њолат бе њамкорї ва мадади омўзгор ба љое намерасад. Сол то сол сафи донишкадањою донишгоњњо, коллељу литсейњо зиёд шуда истодаанд, вале нарасидани кадрњои баландихтисосу њамоно эњсос мешавад. Дар самти касбиинтихобкунии наврасон мебояд дигаргунии љиддие ба амал овард, то ки мутахассисони соњибњунару соњибкасб ба воя расанд. Чи бояд кард, то ки сатњи касбинтихобкунии наврасону љавонон ба дарди љомеа дархурад. Вобаста ба ин, бояд аз синни томактабї волидайн кўдакро дар руњияи мењнатдўстї ва эњтиром ба њамаи касбњо тарбия намуда, малакаи корї омўзонанд. Зеро тарбияи сариваќтии мењнатии наврас мањаки асосї дар љамъияти шањрвандї мебошад. Бисёр наврасону љавонон интихоби касби худро бо ёрии дўстони калонсол ё худ "таѓоњои" мушкилкушо њал карданї мешаванд. Мутаассифона, чунин тарзи њалли масъала онњоро ба ќуллаи умед намерасонад.

Дар чунин њолат иродаи ќавии омўзгор зина ба зина, марњила ба марњила бо роњу усулњои гуногун дар раванди таълим ба наврас таъсир расонида метавонад. Дар ин маврид хусусиятњои равонии панду андарзњо аз ашъори бузургон аз манфиати холї нест. Муаллим бояд ба наврас ёдовар шавад, ки дар рўи Замин њоло бештар аз 60 њазор касбу њунар мављуд аст. Њар кас метавонад бо назардошти хусусиятњои фардии худ касб интихоб намояд. Муаллаим на танњо наврасро ба водор намудани навиштани иншо дар мавзўъи "Касби дўстдоштаи ман" њидоят намояд, балки ба саёњат бурдани хонандагон ба ин ё он коргоњ, ташкил намудани вохўрињо бо одамони касбу корашон гуногун хеле манфиатовар аст. Баъдан дар асоси тассавурот гузаронидани пурсишнома (анкета) низ ба маќсад мувофиќ аст. Намунае аз пурсишнома: -Дар бораи касбњо чї маълумот дорї? -Ба ту кадом касбњо маъќуланд? -Кадом панду андарзњоро оид ба касбу њунар медонї? -Волидайн, роњбари синф, муаллимони фаннї ба ту чї маслињат медињанд? -Ба ин касби интихобкардаат ба љамъият чї манфиат оварда метавонї? -Касби интихобкардаатро дар кадом донишгоњ ё донишкада гирифтан мумкин аст? Баъди омўхтан ва тањлил намудани пурсишномањо бо њар як хонанда суњбати фардї гузаронида, барои њалли мушкилии онњо маслињатњои методї бояд дод. Раљабалї ШАРИФОВ, љонишини директории литсейи раками №1-и ноњияи Ёвон


АНЉОМ

№17 26-уми апрели соли 2013

4ОЗМУН Конфронси илмии устодон, олимони љавон ва донишљўёни ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров бахшида ба Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об бо сухани ифтитоњии ректори донишгоњ Ѓафурљон Усмонов оѓоз гардид. Ректор тартиби баргузории конфронсро тавзењ дода, таъкид намуд, ки имрўз дастгирии ањли илм, олимону унвонљўён вазифаи асосии раёсати донишгоњ ба шумор меравад ва дар ин самт корњои назаррас ба анљом расиданд. "Минбаъд устодоне, ки рисолаи номзадиро дифоъ менамоянд, ба маблаѓи 800 сомонї ва њангоми њимояи рисолаи докторї ба маблаѓи 1500 сомонї ќадрдонї карда мешаванд. Њамчунин, ба наќша гирифта шудааст, ки 270 адад китобњои дарсї ва дастурњои таълимии устодон баъди тасдиќ дар шўрои олимон ба тариќи ройгон ба нашр мерасанд", - зикр намуд Ѓафурљон Усмонов.

4КОНФРОНС

ТАВАЉЉУЊ БА ИЛМ МЕАФЗОЯД

Баъдан мудири кафедраи адабиёти классикии тољик, номзади илмњои филологї, дотсент Нуралї Нурзод дар мавзўи "Њидоятномаи офаринандагї" (Бардоштњо аз мулоќоти Президенти Љумњурии Тољикистон бо зиёиёни кишвар) маърў-

заи пурмуњтаво намуд. Мудири кафедраи географияи иќтисодї, номзади илмњои география Мунирхон Хољаев перомуни моњияти Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об фикру андашањояшро баён дошт. Донишљўи факултети кибернетика С. Комилова дар мавзўи "Аќидањои иќтисодии Абўалї ибни Сино" маърўза кард. Сипас конфронс кори худро дар бахшњо идома дод. Расми љамъбасти конфронси илмии устодон ва донишљўёни донишгоњ хеле бошукўњ баргузор гардид. Дар ин замина њафт фармони ректор оид ба дастгирии илм, устодону олимон ва унвонљўёну донишљўёни болаёќат ќироат гардид. Њамчунин, дар ин рўз озмуни ихтирокорону навоварон љамъбаст карда шуда, бењтаринњо мукофотонида шуданд. Нўъмон РАЉАБЗОД

РЎЗИ ИЛМ ДАР ДМТ

Њамасола моњи апрел дар Донишгоњи миллии Тољикистон бахшида ба Рўзи илм конфронси љумњуриявии илмию назариявии њайати устодону кормадон доир мегардад. Имсол низ конфронси мазкур 15-уми апрел бахшида ба "Эъломияи СММ оид ба дањсолаи (солњои 2013-2022) байналхалќии наздиксозии фарњангњо" дар маљлисгоњи бинои асосии донишгоњ ифтитоњ ёфта, аз рўйи бахшњо дар факултетњо кори худро идома бахшид. Дар ифтитоњи конфронс мавзўъњои наздикшавии фарњангњо-омили муњими инкишофи инсоният, сањми адабиёти тољик дар фарњанги љањонї, коллейдери калони адронї ва озмоиши "Помир - Чакалтой", фарњанги сулњ-асоси муколамаи байнифарњангї аз љониби иштирокдорон ироа гардида, мавриди бањсу мунозира ќарор гирифтанд. Њамчунин, дар факултетњо конфронс шаш рўз идо-

4ТОЗАНАШР Шумораи нави нашрияи ташкилоти љамъиятии "Маркази омўзиш, тањќиќ, тарљума ва нашри адабиёти љањон" - маљаллаи "Адаб" дар соли 2013 ба дасти муштариён расид. Ин шумора бо рубрикаи "Паёми хирад" оѓоз ёфта, дар он "Футувватнома"-и Фаридуддини Аттор (дар тањияи Алии Муњаммадии Хуросонї) чоп шудааст. Зери рубрикаи "Аз Рўдакї то имрўз" маќолањои донишмандони саршинос Њуљљатуллоњи Аюбї "Шамси Табрезї ва Мавлоно: шикори Симурѓ" (дар тањияи Шоњмансури Шоњмирзо) ва Нурулло Мирзоматов "Бар синаи Маъдан задаї чоки маонї" ва дар бахши "Машриќу Маѓриб" нигоштањои Усмон Назир "Ду абармарди љањони сухан АлМуаррї ва Умари Хайём", Шодї Шокирзода "Мо Ян: Ман аз номи

ПАНЉ ЛАТИФА

ма ёфта, донишљўёну устодон дар мавзўъњои мухталиф маърўзањо намуданд. Дар маросими љамъбастии он низ устодону донишљўён дар мавзўъњои наќши забони тољикї дар рушди фарњанг ва тамаддуни тољик, комёбии имрўзаи биотехнология ва масъалањои узвиёти генетии таѓирдодашуда, механизм ва марњилаи ташаккули фарњанги сиёсати хориљии ЉТ, наќши СММ дар наздиксозии фарњангњо маърўза намуданд. М.Каримов, муовини ректор оид ба илм, дар суњбат зикр намуд, ки баргузории силсилаконфронсњо бахшида ба Рўзи илм дар ДМТ то як андоза сифати тањсилотро боло бурда, мутахассисони љавонро њарчї бештар ба пажўњишу тадќиќи илмї водор месозад ва таваљљуњи аксариятро ба мавзўъњои мухталифи дархўри замон љалб менамояд. Э.ХУШБАХТ, "Омўзгор"

АРМУЃОНИ АДАБ

халќ ва барои халќ менависам, на бо супориши њизбї", Абдуќодири Абдурауф "Равобити адабї ва зуњури он дар матбуот" ба нашр расидаанд. Дар сањифањои маљалла мунтазам намунањо аз ганљинаи адабиёти љањон чоп мешаванд. Ин бор чанд барг аз дафтари ашъори адиби бузурги рус Николай Некрасов ва ду њикояи нависандаи олмонї Анна Загерс "Мария ба маљлис меравад"

Хонандае ба дарс дер омад. Муаллим сабаб пурсид: - Чаро дер кардї? Хонанда: - Дар роњ дуздон ба ман дарафтоданд. Муаллим: - Оњ! Зарар нарасонданд? Хонанда: - Не, танњо вазифаи хонагиамро рабуданд. ХХХ - Ба дастат чї шуд? - Аз нўги ангуштам хун гирифтанд. - Њељ гап набудааст-ку. Лекин чаро гаљбандї (гипс) карданд? - Ман барои хунгириашон муќобилат кардам. ХХХ Омўзгор: - Шарифљон, чаро дирўз ба

Сармуњаррир:

Ноилшо НУРАЛИЕВ

ва "Вохўрї дар сари роњ" манзури хонандагон гардидаанд. Њамчунин, алоќамандони нашрия метавонанд бо зиндагинома ва корномаи ин адибон ошно бишаванд. Дар бахши "Дунёи эљодкор" таълифоти Салими Зарафшонфар "Марсияномаи Шермард" ва Алиризо Мирасадуллоњ "Аз романнависї то худкушї" (дар тањияи Муњаммадљони Шодї ва Муњаммадиќболи Нуъмониён) љой гирифтаанд. Ёдномаи Шодї Шокирзода "Пайванд њам аз мо рафт" зикри хайре аз донишманди варзидаи тољик Пайванди Гулмуродзода мебошад. «Омўзгор» дарс наомадї? Хонанда: - Бародарам бемор шуд. Омўзгор: - Хайр, ту чї кор кардї? Хонанда: - Велосипеди бародарамро бекор намондам. ХХХ Омўзгор: - Кадом намуди паранда барои инсон манфиатовар аст? Хонанда: - Парандаи бирёншуда. ХХХ Муаллим пеш аз навиштани иншо хонандаи сустхонеро таъкид кард: - Умедворам, ки аз дафтари дигарон рўйбардор карданатро намебинам. Хонанда: - Ман њам чунин умед дорам, муаллим.

4ТАВСИЯ

ТАКМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШЎРОИ СОЗМОНИ ТАЛАБАГЇ Шўрои ташкилоти мактабї роњњои пешбарии фаъолияти созмонњои талабагиро баррасї мекунад. Инчунин, мундариљаи фаъолияти созмонро тањия карда, дар амал татбиќ шудани наќшањои дастањо, маркази ташхиси андешаву пешнињодњоро аз љониби мактаббачагон тањти назорат мегирад. Шўро бењтарин ёридињандаи ташаббусњо ва фаъолияти аъзои ташкилоти мактабии шањр ва ноњия, созмондењи назорати кори дастањо, гурўњњо, тадорукот ва мусобиќањо мебошад. Барои ташкилу гузаронидани њар гуна чорабинињо кумитаи корї, гурўњњои эљодї ва ташаббускор таъсис дода мешаванд. Шўро ташкилоти љамъиятї, иљрокунанда ва њамоњангсоз буда, мутобиќи принсипњои демократї байни конфронсњои ташкилоти мактабї амал мекунад. Маќсади асосии Шўро бењтар намудани роњбарї ба фаъолияти ташкилоти мактабии ноњиявї, шањрї ва вилоятї мебошад. Бисёр хуб мешуд, агар аз тарафи роњбари Созмони талабагї ва љонишини директор оид ба кори тарбияи мактаб дар ваќти дуруст интихоб кардани њайати Шўрои Созмони талабагї ба хатої роњ на-

дињанд, яъне, ба њайати Шўрои мактабии Созмони талабагї хонандагоне, ки ќобилияти созмондињї дошта, соњибистеъдод, хушмуомила ва эљодкоранд, ворид карда шаванд. Ваќти тањия намудани наќшаи кории шўрои мазкур бисёр хуб мешуд, ки дар баробари чорабинињои ба рўзњои таърихї бахшидашуда оид ба фаъолияти кори Созмони талабагї аз рўи самтњои се зина "Ахтарон", "Ворисони Сомонї" ва "Сомониён" амал кунанд. Хуб мебуд, агар натиљаи кори самтњоро дар Шўро мавриди муњокима ќарор медоданд, зеро онњо сутуни Созмони талабагї ба њисоб мераванд. Хотиррасон бояд кард: шояд аз сабаби дар баъзе мактабњо таъин гаштани сарварони нав кор аз мадди назар дур монда бошад. Аз ин рў, бањри боз њам баландтар бардоштани кори созмон њисоботи роњбари онро дар давоми соли хониш Шўрои омўзгорї як ё ду маротиба мавриди муњокима ќарор дињад, то камбудињои љойдошта ислоњ шаванд. Ќ. ИМОМНАЗАРОВ, мудири шуъбаи њамоњангсозии Маркази љумњуриявии тањсилоти иловагї

ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №094062, ки онро соли 2000 мактаби №19-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Њайдаров Рауфљон Шавкатович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №177578, ки онро соли 1987 мактаби №33-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Пираков Абдуѓафор Абдулањадович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи Т-ШТА №0341782, ки онро соли 2009 гимназияи №74-и ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Султонов Фаридун додааст, эътибор надорад.

4СУГВОРЇ

АЗ ДИДА БА ДИЛЊО Чанде пеш марги нобањангом сармутахассиси шуъбаи маорифи ноњияи Рўдакї Латофат Абдурањмоноваро аз мо рабуд. Ў дар ноњия аз зумраи занони болаёќат ва бомаърифат мањсуб меёфт. Марњум барои бењдошти вазъи кори таълиму тарбия дар кўдакистонњо мунтазам тавсияю маслињатњои манфиатбахш медод, ки ин њељ гоњ аз ёди мо, кормандони кўдакистонњо, фаромўш намешавад. Чун ба кўдакистоне ќадам мегузошт, аз бозї ва шодии бачањо ба завќ меомад ва доимо мегуфт, ки масъулияти мураббї, омўзгор ва падару модар дар таълиму тарбияи насли наврас бузург аст ва онњо бояд ин рисолати худро аз тањти дил иљро кунанд. Муаллимаи мењрубон, доимо бо самимият сухан мегуфт. Наќшањои зиёде дошт. Орзуи ягонааш пешравї дар кори кўдакистонњо ва баланд бардоштани савияи дониши мураббияњои љавон буд. Афсўс, ки ин зани њалиму мењрубон, маслињатгару кордон дигар дар байни мо нест. Љои ў дар дида буд, акнун ба дилњо рафтааст. Ёдат ба хайр, устоди азиз! Зинат ГРЕЗОВА,

мудири кўдакистони №2-и ноњияи Рўдакї, дўстон ва њамкасбон

Гурўњи дўстону њамсабаќон ба аспиранти АИ Љумњурии Тољикистон Парвина Каримова нисбати даргузашти ПАДАРАШ изњори њамдардї намуда, ба хешу табор ва наздикони марњум сабри љамил металабанд. Раёсат ва њайати кормандони Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф аз фавти бемањали БАРОДАРИ муовини ректори ДЉТИБКСМ О.Гулов сахт андуњгин буда, ба хешу табор ва наздикони марњум изњори њамдардї менамоянд.

Њайати Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, тањрир: М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Почтаи электронї: info@omuzgor-news.tj Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 776 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

Omuzgor #17 2013  

Omuzgor #17 2013

Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you