Omuzgor #16 2013

Page 13

ГУЛШАНИ РОЗ 4БА ОЗМУНИ «ТАФСИРИ ЯК БАЙТ»

№16 19-уми апрели соли 2013

4СОЛГАРД

ШАРЊИ СЕ БАЙТИ ЊОФИЗ ЌИССАИ БА ХОК СУПОРИДАНИ

Байти саввум

Ман пири солу моњ наям, ёр бевафост, Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам. Дар иртибот бо ин байт, бояд мутазаккир шуд, ки на њамаи байтњо дар ѓазалиёти Хоља Њофиз ирфониянд. Албатта, дар ѓазале, ки байти мазкур аз он гирифта шудааст, якчанд байти ирфонї ба назар мерасад. Масалан: Ќисмат њаволаам ба харобот мекунад, Њарчанд, к-инчунин шудаму ончунон шудам. ХХХ Он рўз бар дилам дари маънї кушода шуд,

К-аз сокинони даргањи пири муѓон шудам. Ва њамчунин дар ѓазали мазкур байтњое низ њастанд, ки маънию мазмуни заминї доранд, на ирфонї-осмонї. Чунончи: Эй булбули љавон, бари давлат бихўр, ки ман Дар сояи ту булбули боѓи љањон шудам. ХХХ Аз он замон, ки фитнаи чашмат ба ман расид, Эмин зи шарри фитнаи охирзамон шудам, Бо арзи далоили мазкур, мо ба итминони комил гуфта метавонем, ки байти: Ман пири солу моњ, наям, ёр бевафост, Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам. низ мазмун ва маънои оддии заминї дорад. Маънии байт: Њофиз дар байти мазкур мегўяд, ки ман аз гузаштани солу моњи зиёд пир нестам, пир нашудаам, балки аз он пир шудам, ки ёри бевафои ман, аз назди ман ба мисли гузари умр ноаёну номањсус ва бидуни њолпурсиву илтифот мегузарад. Дар ин љо, шоир аз беэътиної ва беањамиятии ёраш нисбат ба худ шикоят кардааст. Ва умуман, кадом ошиќ аз маъшуќи худ гоње шикоят накардааст? Дар ин байт санъати ташбењ, дар байни гузаштани умр ва гузаштани (убури) ёр истифода шудааст. Мирзо ОДИНА, омўзгори мактаби раќами 32, ноњияи Ќумсангир

УСТОД АЙНЇ

Сардафтари адабиёти муосири тољик, аввалин забоншинос, адабиётшинос, омўзгор, нахустин президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Ќањрамони Тољикистон, устод Садриддин Айнї бо њаёту фаъолияташ дар пойдории миллати тољик наќши босазо гузоштааст. Табиист, ки донистани љузъиёти зиндагии чунин ашхос аз њар љињат барои мардум, хусусан, барои ањли илму фарњанг ва маориф, љолибу мароќангез аст. Ба ин маънї Сафарбек Набиев, омўзгори фанњои забон ва адабиёти тољики мактаби раќами 53-и ноњияи Рўдакї бо чунин суол ба мо мурољиат кард: -Шунидем, ки устод Айниро соли 1954 дар Боѓи њукуматии Совети Вазирон ба хок супоридаанд. Баъди дањ сол бошад, љасади эшонро ба Боѓи њозираи

ЧАКИДАЊОИ НАВРЎЗЇ Ман моњи тамом дар осмон мебинам, Рўшан зи рухаш рўи љањон мебинам. Моњи ман агар парда зи рўяш фиканад, Сад моњи тамом зи рўи он мебинам. *** Чун омадаї, дар ин љањони гузарон, Ин умри азиз ба шодмонї гузарон. Ин чархи љафопешаи ѓампарварда Дидї, ки чї мекунад ба мову дигарон. *** Домони шафаќ, ки лолагун мебинам, Дар дидаи офтоб хун мебинам. Њангоми видои шањсавори малакут Ман моњу ситора сарнагун мебинам. *** Ин кафтари љонона, ки дар боми ман аст, Дар боми ман аст, њамеша дар доми ман аст. Љонона агар худаш наояд ба барам, Талхии љањон њамеша дар коми ман аст.

*** Наврўз расиду дили ман хуррам нест, Дар барги бунафша ќатраи шабнам нест. Гўшам сањарї садои булбул нашунид, Он ёраки мењрубонаки њамдам нест. Насими ЗАМОН, омўзгори мактаби раќами 45-и ноњияи Рўдакї

4ЊАМКОРЇ

МУАРРИФИИ ДОНИШГОЊИ УФА ДАР ХУЉАНД Дар гимназияи раќами 4-и шањри Хуљанд бо маќсади даъват ва ќабули љавонон -хатмкунандагони имсолаи мактабњои миёна ба тањсил муаррифии Донишгоњи давлатии нефтию техникии шањри Уфаи давлати Башќирдистони Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар оѓози чорабинї ташкилкунандагон ва намояндагони донишгоњ Салимљон Урунов ва Наил Чанишев ба ањли нишаст оид ба факултету ихтисосњои ин мактаби олї маълумот доданд. Аз љумла, таъкид гардид, ки ќабули довталабон ба донишгоњ тариќи озмун аз рўи фанњои математика, забони русї, химия, физика, фалсафа, информатика сурат мегирад ва 5 нафар ѓолибе, ки дар озмун холи аз њама зиёд мегиранд, ба гурўњи буљетї ва 10 нафари дигар ба гурўњи шартно-

мавї ќабул карда мешаванд. Дар озмун беш аз 120 нафар хонандаи синфњои 11 аз мактабу гимназияњои вилояти Суѓд иштирок намуданд. Айни замон дар Донишгоњи давлатии нафтию техникии шањри Уфа наздик ба 18 њазор нафар донишљўён аз кишварњои гуногун тањсил мекунанд. Аввалин хатмкардаи донишгоњ аз Љумњурии Тољикистон Салимљон Урунов мебошад. Ў ин мактаби олии Бошќирдистонро бо дипломи сурх хатм кард ва алњол унвонљўи њамин донишгоњ мебошад. Мавриди зикр аст, ки Донишгоњи давлатии шањри Уфа барои љумњурињои Тољикистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва Беларус бо маќсади дастгирї ва сабукї дар тањсил гуруњњои буљетии худро ташкил намудааст. Нуъмон РАЉАБЗОДА

ба номи ў (воќеъ дар шафати заводи сементи пойтахт) кўчондаанд. Оё ин ќазия њаќиќате дорад? Воќеан, суоли омўзгори муњтарам С.Набиев љон дорад. Мо њанўз соли 1998 дар ин масъала бо устоди шодравон Муњаммадљон Шакурии Бухорої суњбате анљом дода будем, ки муњтавои онро њафтаномаи "Чархи гардун" (ниг. "ЧГ", №45, 13 ноябри соли 1998) ба табъ расонида буд. Зимнан, лозим донистем, ки вобаста ба суоли омўзгор ин суњбатро айнан чоп намуда, андаке њам бошад, дар масъалаи айнишиносї њиссаи худро гузорем. Инак, он мусоњиба: М.Ш: - Гап дар сари он, ки устод Айнї то соли 1917 дар Бухоро зиндагї карда буд. Баъд домулло ба Самарќанд кўчиданд ва њама асарњои асосиашон дар њамин шањр навишта шудааст. Сонитар устод ба Сталинобод (Душанбеи имрўза) кўчиданд. Њ.Њ: - Домулло Айнї бо хоњиши худашон омаданд ё касе эшонро барои ба Душанбе кўч бастан тарѓиб намуда буд? М.Ш: - Он солњо Бобољон Ѓафуров Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тољикистон буданд. (Академик Б. Ѓафуров солњои 1946 - 1956 Котиби якуми КМ ПК Тољикистон буд. - Њ.Њ.) Он кас дар баробари ходими давлатї будан, парастори њаќиќии илму адабиёти тољик низ ба шумор мерафтанд. Соли 1951 АФ Тољикистон ташкил шуд ва устод Айнї бо тавсияи Бобољон Ѓафуров аввалин Президенти АФ Тољикистон ќабул гардиданд. Домулло Айнї дар дохили Боѓи њукуматї хонаи якошёнае доштанд, ки алњол он бино вуљуд надорад, лекин њавз ва фаввораи дар наздаш буда то њанўз барљост. Албатта, боиси афсўс аст, ки он хонаи таърихї имрўз боќї намондааст. Ќадамљойи он пири табаррук мебоист нигоњ дошта мешуд, шояд он љо ба музей ё хона музей мубаддал мегардид. Намедонам, баъдтар аз рўйи наќшаи сохтмончињо ё роњбари њамонваќтаи љумњуриамон вай-

Ба ифтихори зодрўзи Ќањрамони Тољикистон устод Садриддин Айнї рон кардани он шояд њатмї буд. Ба њар сурат, кори хуб нашудааст. Соли 1954 домулло Айнї дар њамон хона аз олам чашм пўшиданд ва љасади эшонро барои видои охирин дар бинои Театри опера ва балет гузоштанд. Њ.Њ: - Баъди видои мардум рост аст, ки љасади ўро дар Боѓи њукуматии Совети Вазирон гўронданд? М.Ш: - Дар Боѓи њукуматї не, балки дар Боѓи фарњангии ба номи В. И. Ленин муваќќатан ба хок супурданд. Ин кор бо маслињати Б.Ѓафуров шуда буд. Ба ёдам њаст, ки як гўшаи ин боѓ ба номи "Ќабристони бародарї" ёд мешуд ва он љо ѓайр аз домулло, боз се - чор нафар иштирокчиёни љанги гражданї низ ба хок супурда шуда буданд. Баъдтар боѓе дар шафати заводи семент сохта шуд, маќбара бо нимпайкара (бюст) - и устод Айнї низ тайёр гардид. Ваќте ки шањр ором шуд (тахминан соати бисту чори шаб), дар атрофи ќабр асбобњои рўшноидињанда (прожекторњо) - ро фурўзон карданд. Дар ин њангом раиси комиссия бо аъзоёнаш ва дигар олимону адибон ва мо, як гуруњ кормандони Институти забон ва адабиёт, љамъ шуда будем. Банда он ваќт мудири шўъбаи адабиёти советии институт будам. Њ. Њ: - Раиси комиссияи интиќоли љасади устод кї буд? М.Ш: - Афсўс, ки хуб дар хотирам намондааст, ба фикрам, аз њукуматдорони шањр буд. Ќабр кушода шуд ва дидем, ки устод Айнї дохили тобут бо њамон сарулибосе, ки дар аксарияти суратњояшон буданд (кител ва тоќии чуст), истодаанд. Аз миён болои љисми устод ба шиша пўшонда шуда буд ва мо бемалол дидем, ки љисм вайрон нашудааст. Баъдтар фањмидем, ки он "балзам" - мўмиёї шуда будааст. Матни протоколро, ки аз тарафи њукумат дар бораи кўчонда шудани љасад пешакї тањия шуда буд, оварданд. Дар он санад баъди чен кардани дарозї, баландї ва бари тобут худи ман дар протокол раќамњоро сабт кардам. Суратгирњо ва наворбардорон аз ин истифода карда, рафти амалиётро пурра сабт намуданд. Азбаски њавои ќабр таѓйир ёфт, шишаи рўйи устод араќ кард ва дигар рўйи ўро дида натавонистем. Тобутро бо љасади Садриддин Айнї болои мошини боркаш бор карданду сўйи боѓи наздикии заводи семент рањакї шудем. Он љо аллакай маќбарае тайёр буд. Додари њамсари устод Айнї Вадуд Мањмудї, ки олим буду дар Институти забон ва адабиёт кор мекард ва ќариб бист сол њабс шуда, нав озод шуда буд, шеъри навиштаашро дар вафоти домулло хонд, ки моддаи таърихи вафоти Айнї буд. Мо ба тањхонаи маќбара (ќариб 30 - 40 нафар будем) даромадем. Љасадро бо тобуташ дар байни он гузоштем. Њамчунин протоколи дар бораи кўчондани љасад бо имзои раис ва аъзоёнаш, њамчунин, шеъри В.Мањмудї дар дохили ќуттичаи оњанин алоњида андохта, дар пањлуи тобут гузошта шуд. Њама берун баромадем ва даромадгоњ мањкам карда шуд. Маросими кўчондани љасади устод то соатњои 5 ё 6 - и субњ давом кард. Њ.Њ: - Аз фарзандону хешони домулло њам касе иштирок дошт? М.Ш: - Ба ёдам њаст, ки писари шоир, Камолљон, дар маросим иштирок надоштанд, он кас дар хориља буданд, вале духтарони устод - Холидахону Лутфияхон ва модари онњо Салоњатбону иштирок доштанд. Алњол маќбараи бошукўњи ин пири хирад майдони марказии боѓи ба номи ўро зеб медињад ва сайргоњи мењмонону шањрвандони кишварамон ба њисоб меравад. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.