Page 1

20-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛЇ МУБОРАК, ЊАМВАТАНОН!

Беіин фарди їаіон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст.

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

№ 8 (11871) 22-юми феврали соли 2013-ум

НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЇУМІУРИИ ТОЇИКИСТОН Артиши миллї яке аз рукнњои муњимтарини давлатдории миллї ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иќтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиљаи таваљљуњи доимии њукумати кишвар тадриљан устувору ќавї гардида, бо кадрњои соњибихтисос ва соњиби донишу малакаи баланди касбї, техникаву таљњизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изњор намоем, ки он ба нерўи пурќудрати дорои љузъу томњои замонавї табдил ёфтааст. Эмомалї РАЊМОН

6 ДАР

www.omuzgor-news.tj

ИН ШУМОРА:

САБЌАТЕ, КИ ВАЊДАТ ОВАРД

сањ.

3

РОЊЊОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ХОНАНДАГОН

сањ.

РОЊБАРЇ МАСЪУЛИЯТ МЕХОЊАД

сањ.

САНЪАТИ ЯК ДАРС

сањ.

7 9

11

ЊАМБАСТАГЇ ОМИЛИ ПИРЎЗИСТ сањ.

АСКАРИ ТОЉИК

Барои мардуми кишвар Азизу мўътабар њастї. Ба њифзи марзи поки хеш Ба монанди сипар њастї.

Њамеша бегазанд бошад Хати марзи Ватан аз ту. Шукуфову самаровар Њама боѓу чаман аз ту. Ба мисли ќањрамононї, Тўї чун Рустами даврон. Аё, эй аскари тољик, Ватан аз туст ободон. Амирљон МУХЛИМОВ, омўзгори мактаби №5-и шањри Душанбе

12

ТОЉИКИСТОНИ АЗИЗАМ Дилхушам, ман аз њавои навбањорон дилхушам, Аз бањори бехазони Тољикистон дилхушам. Боди гулбезаш расонад бўйи райњон бар димоѓ, Аз насими мушкбўи анбарафшон дилхушам. Тољикистони азизам, мањзари ман, модарам, Кишвари озодаи бахту саодатоварам. Бишнавам овозаатро аз тамоми бањру бар, Мењри покат дар дилам љо мешавад бори дигар. Халќи олам орзуи диданатро мекунанд, Чунки њастї кони "тиллои сафед"-у кони зар

Тољикистони азизам, мањзари ман, модарам, Кишвари озодаи бахту саодатоварам. Шукри Яздон мекунам, ки Тољикистон офарид, Чор фасли соли монанди бањорон офарид. Дар замири ќисмати ин мардуми озодадил Рањбари соњибхирад, бо нуру имон офарид. Тољикистони азизам, мањзари ман, модарам, Кишвари озодаи бахту саодатоварам. Бобохон БАРОТОВ, омўзгори гимназияи хусусии ба номи Берунї, ноњияи Рўдакї


РАНГОРАНГ

№8 22-юми феврали соли 2013

4БОЗОМЎЗЇ

МАШЃУЛИЯТЊОИ ШАВЌОВАР

Мо, як гурўњ омўзгорони мактабњои миёнаи умумии ноњияи Рўдакї аз 18-уми соли 2013-ум дар курси такмили ихтисос, ки дар мактаб-парваришгоњи солимгардонии ба номи Б.Ѓафурови ноњия шуда гузашт, мањорати касбии худро такмил додем ва аз омўзгороне, ки ба мо дарс додаанд, миннатдорем. Махсусан, машѓулиятњои омўзгор Акмалов Мањмадризо, ки худ вазифаи мудири кафедраи тањсилоти ибтидоии кас бии ДЉТИБКСМ- ро бар дўш доранд, ба мо хеле писанд омад. Ў аз фанњои менељменти сиёсї, технологияи информатсионї ва экология ба мо дарс гузаронд. М.Акма-

лов донишу ќобилияти хуб дорад. Дарс пурмазмуну шавќовар ва бо истифода аз асбобњои аёнї мегузашт. Омўзгор аз метод ва усулњои гуногуни таълимї монанди мусоњиба, маърўза, њазлу шухї, ќироати шеър, латифањо моњирона ва самаранок истифода мебарад. Мо, шунавандагон курс миннатдории худро ба Вазорати маориф ва Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон баён намуда, ба онњо гуф-

МЕЊНАТ ТИБЌИ ЌОБИЛИЯТ Каримљон Асоев, директори мактаби раќами 37-и ноњияи Ќабодиён:

- Омўзгорони нафаќахўр то чанд соат њаќќи дарс гуфтан дар мактабњоро доранд?

Саидвалї Ќодиров, њуќуќшиноси Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон:

танием, ки омўзгоронеро амсоли М.Акмалов тез-тез ба ноњия даъват намоянд. Гурўњи омўзгорон аз ноњияи Рўдакї

-Тибќи талаботи моддаи 32-и Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ва дар асоси ќарордоди мењнатие, ки байни корманд ва корфармо баста мешавад, омўзгор мувофиќи ќобилияти мењнатияш то 1,5 ставка њаќќи дарс гуфтан дорад. Дар њолатњои ѓайр меъёри кори ўро то 1, 0,075, 0,5 њам муайян кардан мумкин аст. Масъули гўша Саидаи ФАЗЛ, "Омўзгор"

4МУАРРИФЇ

4ИЌДОМ

КИТОБ - ТАРБИЯТГАРИ ВАТАНДЎСТЇ

Дар Коллељи тиббии Тољикистон дар шањри Душанбе санањои таърихї ва љашнворањои гуногун дар заминаи наќшањои махсус ва бо роњандозии чорабинињои пурмуњтаво таљлил мешаванд. Ин љо ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Артиши миллї низ тадбирњои судманду муассир андешида шуданд. Аз љумла, охири њафтаи равон бо ибтикори шуъбаи китобхонаи коллељ дар бинои воќеъ дар мањаллаи 46-уми пойтахти ин таълимгоњ намоишгоњи васеи китобњо баргузор карда шуд. Намоишгоњ бо расму шиору овезањо оро дода шуда буд. Аксари китобњо дар бораи Ватан, далерию мардонагї, мубориза бањри њифзи марзу буми хеш наќл мекарданд. Донишљўёни зиёди коллељ бо китобњои намоишгоњ шинос шуда, тасмим гирифтанд, ки онњоро мутолиа намоянд. Китобдор Б.Рањи-

4ПУРСИШУ ПОСУХ

мова, омўзгори забону адабиёти тољик Д.Рањим ва ёвари директори коллељ З.Ўрунхољаева ба њозирини намоишгоњ оид ба муњтавои китобњо ва умуман, дар бораи мо-

њияти китобу китобхонї маълумот доданд. Гурўње аз донишљўён дар ситоиши артиши миллї ва ВатанМодар сурудњо сароиданд. Бояд гуфт, ки дар ташкили ин намоишгоњи идона китобдори бинои мазкури коллељ Баргигул Рањимова кўшиши зиёд ба харљ дод. Бо ташаббуси ў дар коллељ мунтазам чорабинињои рангин вобаста ба китобдўстию китобхонї ва муаррифии китобњои нав баргузор карда мешаванд. Б.Рањимова хатмкардаи омўзишгоњи омўзгории шањри Кўлоб буда, дар соњаи китобдорї собиќаи 25-сола дорад. Натиљаи фаъолияти шоистаи ўст, ки китобхонаи коллељ аз њисоби донишљўёну устодон аъзои зиёд пайдо кардааст ва сафи онњо пайваста меафзояд. А.ИЛЁСПУР, "Омўзгор"

"ФАРЊАНГИ

ДОРО"

14-уми феврали соли љорї дар Китобхонаи миллї рўнамои китоби нави шоири маъруфи тољик Доро Наљот "Фарњанги Доро" баргузор гашт. Дар нишаст вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Мирзошоњрух Асрорї, Сафири кабири Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон Алиасѓари Шеърдўст, олимон, шоиру нависандагони маъруфи Тољикистон ва теъдоди зиёди хонандагон иштирок доштанд. Фарњанги мазкур, ки охири соли гузашта рўйи чопро дид, тафсири зиёда аз 5 њазор калимаву ибороти тољикиву форсиро дар бар мегирад. Чунон ки дар нишаст таъкид

мот ва иборањоро дар он љо созад, ки бештар дар осори адибони муосир истифода шудаанд. Дар баробари рўнамои фарњанг боз як китоби шоир "Меоям аз шигифт" ба њозирин пешнињод

гардид, тартиб додани чунин як фарњанг аз муаллиф зањмати хеле зиёд талаб мекунад. Ба њамин маънї вазири фарњанг М.Асрорї изњор дошт, забони таълифи "Фарњанги Доро" басе фањмову фасењ буда, дар он зиёда аз 5 њазор калима маънидод шудааст. Бовар дорем, ки "Фарњанги Доро" ба мисли фарњанги дуљилдаи забони тољикї китоби рўйимизии ањли хирад мегардад. Доро Наљот дар љодаи фарњангнигорї беш аз 7 сол зањмат кашида, кўшидааст, њамон кали-

шуд. Доро Наљот асосан шеъри сафед эљод мекунад ва байни хосу ом чун асосгузори шеъри сафед дар Тољикистон шинохта шудааст. Доро Наљот (1946) барандаи Љоизаи адабии ИН Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзада ва Љоизаи давлатии ЉТ ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, муаллифи зиёда аз 10 китоб, аз љумла "Дарав", "Шабнам" ва "Хирмани мањтоб" аст. Ситорабону СОЊИБНАЗАР, "ОМЎЗГОР"

АГАР ГЎЇ, КИ БИТВОНАМ…

Њама медонем, ки барои бунёди бахту саодати мардум љомеаи мо ба љавонони фаъолу тезњуш, ки аз љараёни илму фановарињои имрўзї огоњї дошта бошанд, ниёз дорад. Таърих гувоњ аст, илму технологияе, ки ѓарбиён худро соњиби он медонанд, осон ба даст наомадааст. Онњо роњи дарозеро тай намуда, ба ин ќуллаи баланди дониш расидаанд. Огоњї дорем, ки як замон ниёгони мо илму фарњангро ба пояи баланд расонидаанду устодони илму фарњанги мардуми љањон буданд. Уропоиён дар он замон аз ин илму фарњанг садсолањо ќафо буданд. Баъдан онњо тамоми китобњои илмии гузаштагони моро ба забони худ тарљума кардаанд. Имрўз мо дар њолате ќарор дорем, ки бояд бисёр чизњоро аз онњо биёмўзем. Як мисоли одї: компютери онњо тамоми мисолу масълањои математикиро њал мекунад, аммо аксари мо, љавонон, наметавонем ин мисолу масъалањоро бо ќувваи зењнии худ њал намоем, њатто бо компютер ба таври бояду шояд кор карданро њам наомўхтаем. Пас, нируи короии асбобњои онњо аз ќувваи зењнии мо болотар аст. Пас, шикасти мо бањор ва хазони мо бањори онњо шуд.

4ЊАМОИШ Коллективи омўзгорони гимназияи №53 ба номи Муњаббат Мањмудоваи ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе соли 2012-ро бо натиљањои хуб љамъбаст намуданд. Дар гимназия имрўз 90 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машѓуланд. Њар як омўзгор ўњдадор шудааст, корро хуб ба роњ монда, ба шогирдон донишњои пурра ва сањењ дињанд. Дар баробари гузаронидани дарсњои муќаррарї, омўзгорони гимназия ба ташкил ва гузаронидани дарсњои замонавї бо усулњои фаъоли таълим,

Яъне, мо рўзу шаб бояд дар талаби илму фан бошем ва барои касби илм аз њељ мушкилоте нањаросем. Дар њама љо донишмандони соњибдилро љустуљў намоем ва аз њар гўшае хўшае ба даст оварем. Њамсолони азиз, пеш аз он ки аз забону илму фарњанги дигарон огоњ гардем, бояд забони ширини модарии худро хуб бидонем. Бо шавќу шўр ва муњаббат ба омўзиш бипардозем ва он илму фаннеро, ки фарангиён аз мо гирифта, такмил дода, ба ин ќуллаи баланд расидаанд, ба њар ќиммате аз худ намоем. Аммо дар интихоби ахлоќу одоби бегонае, ки аз аљнабиён мерасад, эњтиёткор бошем, то аз њар гуна асари зарарбори он эмин бимонем. Мо низ агар бихоњем, миллати худро нерўманд бубинем, бояд њар чї бештар дар талаби илму фан бошем. Кадом касберо интихоб накунем , фанњои дигарро њам бояд биомўзем, то дониши бештаре дошта бошем ва бо ќуввати зиёдтар ба халќи худ хизмат намоем. Бахтовари СУЛТОНШО, хонандаи синфи 10-и мактаби президентии шањри Хоруѓ

ДАСТОВАРДЊО НАЗАРРАС БУДАНД усули интерактивї эътибори љиддї медињанд. Дар баробари ин, омўзгорони гимназия дар љараёни дарсњо аз намудњои гуногуни санљишњо, ба монанди санљишњои якварианта, дуварианта, бисёрварианта ва санљишњои тестї истифода мекунанд. Истифодаи санљишњои бисёрварианта ва санљишњои тестї имконият медињад, ки барои аз њамдигар рўбардор накардани хонандагони дар синфбуда хотима дода шавад. Аз тарафи дигар, чунин тарзи кор имконият медињад, ки фарќияти бањоњои корњои хаттї ва бањоњои дониши шифоњии хонандагон то њадди имкон ба њамдигар наздик бошад. Њамчунин, ташкили хуби мањфилњои фаннї ба мо имконият доданд, ки дар соли сипаригаштаи хониш дараљаи донишандўзии

шогирдонро баландтар бардорем. Дар ин кор, фаъолияти хуби омўзгорони собиќадор ва навовари гимназия ба монанди: Ќ.Шукронаева (омўзгори фанни биология), М.Ќурбонова, Б.Валихољаева (омўзгорони фанни химия), Њ.Холов, У.Умаров (омўзгорони фанни физика), Р.Абдусамадова, Л.Љабборова, М.Холиќова, Р.Юлдошева (омўзгорони фанни математика), Д.Мањмудов. Соли хониши 2011-2012 омўзгорони гимназия дар самти баланд бардоштани дараљаи дониши хонандагон, тайёр кардани хонандагон ба олимпиадањои фаннї ва дигар намуди озмунњо корњои муфидро анљом доданд, ки бо натиљањои назаррас ноил гардиданд. Панљ нафар хатмкунандагон

гимназияро бо бањои аъло хатм карданд. Шоњрух Тољиддинов гимназияро бо медали тилло ва шањодатномаи аъло хатм кард. Хонандагони гимназия Зуњал Сайфуллоева ва Шањроми Шоњназар дар озмуни "Бозёфт"-и телевизиони "Бањористон" иштирок карда, бо намоиши асбобњои физикии сохтаи худ ѓолиби он гардида, бо сертификат ва мукофотњои молию пулї ќадрдонї карда шуданд. Хонандагони синфи 5 Фаридун Нуралиев ва Љамолиддин Самариддин ѓолиби олимпиадаи фосилавї (интернетї) аз фанњои забони англисї ва математика гардиданд. Омўзгорони гимназия дар баробари кори таълиму тарбия ба навиштан ва пањн кардани маќола ва дастурњои методї низ

кўшиш ба харљ медињанд. Дар соли 2012 зиёда аз 20 номгўй дастур ва маќолањои методии омўзгорон дар матбуоти даврї ва мањаллањо аз чоп баромаданд. Њар сол омўзгорони гимназия аз курсњои такмили ихтисос мегузаранд. Соли хониши сипаригашта 19 нафар омўзгорон аз чунин курсњо гузаштанд. Дар умум, дастовардњои соли сипаригашта зиёданд ва соли 2013 низ кўшиш ба харљ медињем, ки муваффаќиятњои кори худро боз њам афзун намоем, хонандагони гимназия њарчї зиёд ѓолиби олимпиадањои шањрї ва љумњуриявї гардида, дар олимпиадањои байналмилалї низ иштирок карда, нуфузи гимназияро боз њам баланд бардоранд. Тўраќул ЉУМЪАЕВ, љонишини директори гимназияи №53 ба номи Муњаббат Мањмудоваи шањри Душанбе


ОЗМУН

№8 22-юми феврали соли 2013

4ЊАРАКАТИ ОЛИМПЇ Яке аз падидањои њаракати олимпї баргузор намудани олимпиадаи номист. Даври нињоии он дар шањри Кўлоб аз рўи 5 фан- забон ва адабиёти тољик, таърих, асосњои давлат ва њуќуќ, физика, математика ва бо иштироки 138 хонанда (Хатлон-42 нафар, Суѓд-27, ВМКБ-18, шањри Душанбе26, НТЉ-25) сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки ин навъи олимпиада тибќи дастури вазири маорифи љумњурї Нуриддин Саидов соли аввал аст, ки дар љумњурї баргузор мегардад. Олимпиада ба хотири гиромидошти адибону ходимони намоёни илми тољик-устод Абўабдуллоњи Рўдакї, Бобољон Ѓафуров, Солењ Раљабов, Пўлод Бобољонов, Камолиддин Бойматов бахшида шуд. Озмун дар мактаби раќами 4 (директор А.Рањмонов) ва дар шароити воќеан њам, мувофиќ баргузор гардид. Тавре муовини вазири маорифи љумњурї,

њамзамон, раиси кумитаи тадорукот Тољинисо Мањмадова зикр кард, аз бењтарин бартариятињои олимпиадаи номї дар минтаќањои гуногун баргузор на-

4ЧОРАБИНЇ Дар оѓози таъсис артиш тањкурсии моддї - техникї надошт. Норасоии кадрњои низомї ва мутахасисони касбии соњавї низ дар њама љанбањои Ќуввањои Мусаллањ њис мегардид. Сарфи назар аз монеањои мављуда, њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањи љумњурї дар солњои вазнину бисёр њасос барои Тољикистон роњи душвору пурпечутоберо тай намуда, таљриба андўхт ва ба яке аз артишњои касбии минтаќа табдил ёфт. Агарчи бунёди Ќуввањои Мусаллањ дар чунин шароит кори осон набуд, лек сохтмону азнавсозї ва тањкиму таќвият бахшидани он давра ба давра сурат гирифт. Чорањои сариваќтї, дастгирии бевосита ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Сарфармондењи Олии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон имконияти мусоид фароњам овард, ки артиш дар кўтоњтарин муддат рушду такомул ёбад ва ба сатњи байналмилаливу минтаќавї расад. Солњои охир њамкорињои њарбиву техникии Тољикистон бо давлатњои гуногун ва созмонњои минтаќавию байналмилалї густариш меёбанд. Бо шарофати сиёсати пешгирифта Президенти Чумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, Њукумати Чумњурии Тољикистон њамкорињои њарбии Тољикистон бо Иттињоди

КИ ВАЊДАТ ОВАРД

мудани он аст. -Дар њаќиќат, чунин тартиби кор манфиати бештар оварда тавонист, -изњор намуд ў. -Аввалан, бачањо аз њар минтаќа љамъ омада, њамдигарро наѓзтар мешиносанд, сониян, бо таъриху табиати диёри худ аз наздик шинос мешаванд. Мушоњида мешуд, ки бачањо аз чунин шакл гирифтани кор хеле ќаноатманду болидаанд. Далели ин гуфта бе аппелятсия сурат ги-

рифтани олимпиада њаст. Дарвоќеъ, интихоби шакли нави олимпиада ва пешнињоди муайяни довталабон аз минтаќањои кишвар боиси ќаноат-

мандист, зеро дар ин шакл њељ гуна эътироз ва даъво ба миён намеояд. Аз рўи гуфти доварон, дониши бачањо имрўз хеле боло рафтааст. Масалан, холи бадастовардаи довталабони (љойи 3) ноњияњои Кўлобу Восеъ ба холи шогирдони ЛИМТТ ва гимназияи Њотам ва ПВ баробарї мекард. Ин, албатта, аз пешравии дониши хонандагони мактабњои миёнаи умумї дарак медињад. -Албатта, мо гуфтанї нестем, ки дониши њамаи довталабон эътимодбахш аст, - гуфт дар суњбат ба мо директори Маркази љумњуриявии кор бо мактаббачагони шоиста Шокирљон Гадоев, - вале гуфтан мумкин аст, ки 70 дарсади довталабон арзандаи ѓолибият буданд. Аз тањлили бањогузории доварон бармеояд, ки барои боз њам хубтар тарбия намудани шогирдони боистеъдод масъулияти баланди дастгирии волидону омўзгорон дар њамбастагї

НЕРЎИ АРТИШ МЕАФЗОЯД Давлатњои Мустаќил, Созмони Ањдномаи Амнияти Дастаљамъї, Созмони Њамкорињои Шанхай барномаи "Њамкорї бањри сулњ" дар тўли солњои охир мустањкаму пурсамар гардид. Дар ин бахш њамкорињои њарбї бо шарикии стратегии мо Федератсияи Россия ќобили ќайд мебошад. Байни ин ду кишвар бештар

зиддитеррористї, расонидани кўмакњои техникї ва омодасозии мутахассисони низомї барои артиши љавони Тољикистон сурат мегирад. Дар мактаби мо бахшида ба ин санаи фархунда, наќшаи чорабинињо тањия шудааст ва хонандагони мактаб дар синфхонањои худ гўшаи махсусро ороиш дода, маълумотњои заруриро

зарур аст. Тавре дар боло зикр шуд, бењтарин хотира барои довталабон боздид аз љойњои таърихии водии Кўлоб- маќбараи Мир Сайид Алии Њамадонї, боѓи Исмоили Сомонї, ќалъаи Њулбук гардид. Чунин саёњат имкон дод, ки бачањо бо њамдигар самимияти бештар пайдо кунанд.

Љињати дигари хотирмон гузаштани олимпиада дар он буд, ки довталабон ба дидори адибони баркамол -Нависандаи халќии Тољикистон Абдулњамид

Самадов, шоирони халќии Тољикистон Њаќназар Ѓоиб ва Камол Насрулло аз наздик ошно шуданд. Бачањо бо истифода аз фурсат озмуни "Шоњномахонї" ташкил карда, аз тарафи адибон бањои сазоворро њам соњиб шуданд. Дар љараёни озмун чанд нафар соњибистеъдодњо, аз љумлаи Дубайи Умар, Соњибназари Хуршед, Марљонаи Ањмадзода ва чанде дигар бо сурудхонї ва раќсњои љаззоб хотири иштирокдоронро шод гардониданд. Дар ин ќисмат муовини аввали вазири маориф Фарњод Рањимов, раиси ноњияи Кўлоб Абдуѓаффор Рањмонов, муовини раиси ноњия Зулайхо Комилова, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналї Ќурбонзода ва дигар мудирони шуъбањои маорифи навоњии минтаќа низ ширкат доштанд. Ба ќироати ашъори шоирон рў овардани хонандагон кори хуб аст. -Имрўз мо шоњиди њунармандии хубии бачањо гарди-

дем, - изњор кард Абдулњамид Самадов.- Аслан ташкил намудани чунин чорабинињо аз фаъолияти хуби Вазорати маориф ва таваљљуњи бевоситаи вазири он муњтарам Нуриддин Саидов дарак медињад. Барои мо, адибон, барќарор намудани њамкории љиддї бо ањли маориф воќеан, хушоянд аст. Бубинед, ки шогирдони мо имрўз чї ќобилияти хубе зоњир карда тавонистанд, њам раќсу сурудхонї, њам ќироати достонњо аз "Шоњнома" ва њам намоиши сањначањои љолиб таъсирбахш буданд. Барои бачањо, ки аз Хатлону Бадахшон ва Њисору Зарафшон гирд омада буданд, мењмоннавозињои мардуми бостонии Кўлоб таассуроти зиёде дод. Ба ин тариќ, бењтарин истеъдодњо аз миёни бачањо пайдо шуданд.Баъзеи онњо њатто, достонњои комил аз "Шоњнома"-ро медонистанд, ки ин аз ќобилияти баланди њифзу дарки хонан-

даи тољик дарак медињад. Бартарии дигари ровиёни љавон дар љасорати онњо бештар зоњир мегардид. Умед кардан мумкин аст, ки таълими дурусти шеър дар мактабњо "Мањмудљон"-у "Ортиќ"-њои навро ба миён меоварад). Бо чунин таассурот бачањо озмунро љамъбаст карданд. Дастаи вилояти Хатлон сазовори љойи аввал (бо гирифтани 15 љой), Суѓд љойи дуюм (13 љой), Душанбе љойи сеюм (10 љой) гардида, мутаносибан ба медали рамзї, Ифтихорномаи Вазорати маориф, туњфањои хотиравї ќадрдонї гардиданд. Љамъбасти озмун ба њар кас таассуроти њархела бахшид, вале таассуроти аз њама наљиб ин буд: ба ин васила вањдат миёни насли љавон устувор гашта метавонад. Аз забони њама ин сухан садо медод: -Ин аст вањдат! Саидаи ФАЗЛ, Душанбе-Кўлоб-Душанбе

4ТАЉЛИЛ

ОЗМУНИ "ВАСФИ ВАТАН"

аз 50 њуљљат дар соњаи њарбї-техникї ба имзо расидааст ва њамкорињои њарбии мо бо дигар кишварњо низ равнаќ меёбаданд. Ин њамкорињои низомї асосан дар доираи санаду созишномањои њуќуќии ба имзо расида ва дар самти табодули иттилооту таљриба, муборизаи муштараки

омода намудаанд. Хонандагон бо ёрии муаллимону волидайни худ шеъру суруд ва сањначањо оид ба фаъолияти низомиёну сарбозони Ватан тайёр намуданд. Мунаввара МАМАДКАРИМОВА, муаллимаи мактаби №3, ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе

Бахшида ба 20- солагии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон, бо ташаббуси ташкилоти љамъиятии љавонон "Созандагони Ватан"-и дар ноњияи Шоњмансур дар Консерваторияи миллии Тољикистон байни донишљўёни Донишкадаи санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзода ва донишљўёни Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Талабхўља Сатторов озмуни нињоии "Васфи Ватан" баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ЊХДТ С.Ѓаюров, вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов, вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Мирзошоњрух Асрорї, раиси ТЉЉ "Созандагони Ватан" А. Мирсаидов, ректори Донишкадаи санъ-

ат ба номи М.Турсунзода А.Низомов, ректори Консерваторияи миллї, аскарон ва афсарон аз ќисмњои њарбии шањри Душанбе, донишљўёни Донишгоњи техникии Тољикистон, Донишгоњии миллии Тољикистон, Коллељи санъати шањри Душанбе ба номи А.Бобоќулов, намояндагони ЊХДТ ва аъзоёни ТЉЉ "Созандагони Ватан" дар ноњияи Шоњмансур иштирок намуданд. Дар интињои озмун аз љониби кумитаи тадорукот ба ѓолибони озмун ифтихорномаву љоизањои таъсиснамудаи ТЉЉ "Созандагони Ватан" супорида шуд. Боймурод БОЕВ, роњбари намояндагии ТЉЉ "Созандагони Ватан" дар н.Шоњмансур


№8 22-юми феврали соли 2013

20-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛЇ

4ЉАШНВОРА

4МЕЊРНОМА

УСТОДИ МО,

Дар бораи љашну рўзњои таърихї ва санањои махсус дар Љумњурии Тољикистон ба хонандагон маълумот додан ва ба таљлилу баргузории онњо омода намудани шогирдон аз вазифањои муњими њар як омўзгор вобаста ба фанни таълимдодааш мебошад.

КОМАНДИРИ МО Ваќти низомї ё худ афсар гуфтан, новобаста аз он ки кас чї гуна рутба дорад, њатман пеши назар шахси љиддї, ќоматбаланд, бозувони ќавидошта, хуллас, нафаре чун Рустами Достон намудор мешавад. Чунин менамояд, ки нафарони низомипўшро кор танњо силоњ ба даст гирифтану зидди душман љангидан аст. Аммо… миёни онњо нафароне њам њастанд, ки пешаи омўзгорї доранд, тарбияи њарбї - ватандўстї медињанд.

ГЎШ ДОРАД ДИЛАМ

Ман њамчун омўзгори фанни забони русї бар он мекўшам, ки дар дарсу машѓулиятњоям бо шогирдон ба онњо ба ќадри зарурї дар бораи рўзњои таърихї ва љашнворањо сухан гўям. Вобаста ба ин, аз оѓози соли равон дар чанд дарси хеш дар лањзањои мувофиќ оид ба Артиши миллии Тољикистон ва Рўзи Артиши миллї ба хонандагон маълумот додам, аз ин хусус, бо онњо суњбат оростам. Ин барои шогирдон хеле маќбулу шоистаи таваљљуњ буд. Ман ба шогирдон иттилоъ додам, ки 23-юми феврали соли 2013 ба таъсиси Артиши миллї 20 сол пур мешавад. Санаи мазкур (23-юми феврал) њамчун Рўзи Артиши миллии Тољикистон эълон шудааст ва њамасола таљлил мегардад. Артиши миллї зодаи Истиќлолияти давлат аст Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон аз рўзњои аввали таъсисёбиаш чанд давраи такомулро паси сар намуд. Њоло дар њайати Артиши миллї се навъи Ќуввањои Мусаллањ-ќўшунњои хушкигард, ќўшунњои зудамал, ќуввањои њарбї-њавої ва мудофиаи зидди њавої амал мекунанд. Айни замон дар Артиши миллї ислоњоти њарбї идома дорад. Тањти сарварии Президенти Тољикистон, Сарфармондењи Олии Ќуввањои Мусаллањ Эмомалї Рањмон Артиши миллї тамоми монеаву мушкилињои роњи такомулу рушдашро бартараф намуда, ба неруи тавонои дорои махсусиятњои муассир

табдил ёфт ва хуб муљањњазонида шуд. Тољикистон кишвари сулњхоњу вањдатпараст аст ва ба њељ кишвари дунё ѓаразе, даъвое надорад. Сиёсати хориљии он ба њаллу фасли тамоми муноќишањои минтаќавї ва љањонї бо роњи дипломатї равона шуда, љонибдори тавсеи муносибатњои сиёсї, иќтисодї ва фарњангї бо кишварњои олам аст. Бањри њамоњангсозии фаъолияти муштарак бар зидди терроризми байналмилалї, пешгирї аз пањншавии экстремизми динї, сайќал додани мањорату малакаи љангии њайати шахсї дар њудуди Тољикистон ва хориљ аз он, пайваста бо кишварњои хориљи дуру наздик машќњои васеи њарбї гузаронида мешаванд. Њукумати Љумњурии Тољикистон бањри мустањкам намудани иќтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатњи омодагии њарбї ва бењбуди вазъи иљтимоии њарбиён њамеша ѓамхорию тадбирљўї мекунад. Артиши миллї дар давоми 20 соли мављудияти хеш борњо собит намудааст, ки метавонад дар муќобили њама гуна душманони дохилию хориљї истодагарї намояд ва муњофизи тавонову бешикасти марзу буми Ватани азиз бошад. Артиши миллии Тољикистон бо созмонњои љањонї, бо неруњои сулњпарвари байналмилалї њамкории њамешагї дорад ва аскарону афсарони тољик солњост, ки ба мамлакатњои гуногун ба ко-

ромўзиву бардошти таљриба рафта, мањорати хешро сайќал мебахшанд. Њар сол сафњои Артиши миллї аз њисоби љавонони далеру шуљоъ ва ватанпараст мукаммал мегардад. Дар артиш онњо дарси мардонагию тавонмандї меомўзанд, худро љисману маънаван обутоб медињанд. Хизмат дар Артиши миллї барои њар љавон ифтихору шараф аст, воситаи собит сохтани муњаббат ба Ватан, ба модар, ба халќи диёр аст. Хонандагони мактабњои миёнаву олї фардо муњофизони Ватан хоњанд шуд ва дар сафњои артиш хизмат хоњанд кард. Аз ин рў, онњоро лозим аст, ки аз њоло худро ба ин омода созанд, њар чї бештар омўзанд, асосњои илму техникаро азхуд намоянд. Бояд мисраъњои ишорагуни шоир ва љанговари ватанпарвар Њабиб Юсуфиро њамеша аз љону дил тараннумгар бошанд: Зи ишќи Ватан љўш дорад дилам, Ба њарфи Ватан гўш дорад дилам. Таљлили шоистаи Рўзи Артиши миллї дар мактаб сатњи тарбияи ватандўстї ва далерию мардонагии хонандагонро хеле боло хоњад бурд. Салтанат ЉАМОЛИДДИНОВА, омўзгори мактаби №71-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе

БА ДИФОИ ШАРАФУ ШАЪНИ ВАТАН...

Бо ташаббуси Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар толори ин муассиса бахшида ба 20 - солагии таъсисёбии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї барпо шуд. Чунонки дар ифтитоњи сухан муовини ректори ин муассиса Нурмањмад Кабиров изњор дошт, Артиши миллї яке аз рукнњои давлатдорї мањсуб ёфта, сафи онро љавонон ва мутахассисони дорои тафаккури баланди сиёсидошта ташкил додаанд. Мањз бо ѓайрату матонати чунин фидоиён марзу буми кишвар ва њаёти мардум муњофизат мешавад. Мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим Мењриддин Ѓиёсиев атрофи мавзўи "Рисолати азалии омўзгор ва афсар" суњбат кард. Чунонки номбурда гуфт, бояд бар он кўшид, то дар сафњои ќуввањои мусаллањ бештар љавонони аз њар

љињат обутобёфта, дорои хислатњои накўи инсонї ва ватандўстони њаќиќї љалб гарданд. Вобаста ба ин, аз ашъори адибони муосир, ки дар васфи Ватан суруда шудаанд, намунањо оварда, омўзиши онро барои љавонон зарур шуморид. Омўзгори кафедраи њарбии ДМТ, полковник Раљабмурод Раљабов афзуд, ки дар тайёр кардани кадрњои њарбї сањми ДМТ басо бузург аст. Чунонки ў ќайд намуд, бањри омодагии кадрњои њарбї бояд аз мактабњои миёна ба таълими онњо ањамияти хоса дод. Омўзгори калони кафедраи фанњои табиї - риёзї Юнус Њакимов ва мудири кабинети кафедраи фанњои гуманитарї Њадяхон Њалимова дар мавзўњои "Истиќлолият ва Артиши миллї" ва "Артиши миллї - нишони пойдории миллат" андешаронї намуданд. Њотами ЊОМИД, "Омўзгор"

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ КИШВАР Рўзњои 15-16 феврал марњилаи аввали мусобиќаи њарбї-варзишии "Њомии Ватан" бахшида ба 20-солагии таъсиси Ќуввањои Мусаллањи кишварамон дар њашт минтаќаи ноњияи Рўдакї байни хонандагони муассисањои таълимии 16 љамоату шањрак баргузор гардид. Њамчунин, дар мактаби раќами 34 конфронси илмї-амалї дар мавзўи "Пароканда лашкар наояд

ба кор" баргузор гардид. Ќабл аз шурўи кори конфронс намояндагони нуњ мактаби љамоатњои дењоти Гулистон ва Россия дар навъњои гуногуни варзиш мусобиќа карданд. Дар конфронс, ки бо сухани ифтитоњии мудири шуъбаи маорифи ноњия Љумъа Назаров ифтитоњ гардид, омўзгорон ва шогирдони мактабњо аз таърихи таъсиси Артиши миллї, сањми он дар њифзи марзу буми кишвар, њифзи амния-

ти Тољикистон, навъњои ќушунњо ва љузъу томњои ин нињоди ќудратии боэътимоди кишвар маърўза карданд. Хонандагони мактабњо дар ситоиши ватану ватандорї, хештаншиносї, пос доштани анъанаи неки ниёгон, њифзи Ватан ва ифтихор аз хизмат дар сафи артиш порчањои шеърии љолиб ќироат намуданд. С.ИСКАНДАРОВ, "Омўзгор"

Аз љумлаи ин нафарон Азизљон Бобониёзов аст, ки имрўзњо дар кафедраи њарбии Донишгоњи миллии Тољикистон ба шогирдон дарс мегузарад, бо онњо на чун устод, омўзгор ва ё афсар, балки њамчун дўст, бародар муносибат мекунаду дар њолати зарурї њамчун падар маслињат медињад. Аввалин дарсашро ёд дорам. Вориди синф

шуда, баъди муаррифию шиносої ба санљиши дониши мо шурўъ кард. Гумонам, аввалин дарсе буд, ки донишљўён озодона ба саволњо љавоб мегардонданд. Ибтидо бо нобоварї ба саволњояш посух додем, зеро дидани низомипўш љуръати њозирљавобиро андаке мекоњонад. Вале чун бо ў рў ба рў шудем, гўё "парда аз миён бардошта шуд". Устод на бо он чењраву муносибате, ки мо интизор будем, балки бо табассум ва мењрубониву мисол оварданњо суолро пешнињод мекард. -Командир дар дарси аввал мењрубонї дорад, аз дарси дигар љиддї мепурсад,-мегуфтанд донишљўён байни њамдигар. Аммо гумонашон ботил баромад. Зеро дарсњои баъдї низ яке аз дигаре шавќовартару љолибтар мегузаштанд. Дарсе набуд, ки бе ягон навигарї бароямон пешкаш нашуда бошад. Њатто, дар њолати зарурї аз телевизиону сабтњои видеої ва филмњои ба дарс рабтдошта истифода мекард. Хуллас, дарсњояш бароямон на чун дарсњои муќаррарї, балки "дунёи дигар" буд. Њарчанд ду-се нимсола дарс њам дода бошад, аммо аз њаёти ба ќавле, пасипардагии ў хабардор набудем. Имсол дар арафаи Рўзи Артиши миллї хостам, аз њаёту фаъолияти ў пурсон шавам. Бисёр чизњоро барои худ кашф кардам ва замоне бароям даст дод, ки аллакай донишгоњро хатм кардаам. Бароям маълум гардид, ки Азизљон Бобониёзов зодаи водии Њисори зарнисор (1973) будаву дар оилаи зиёї ба камол расидааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби раќами 68-и ноњияи Њисор ба РСШИ№1 (литсейи суворовї)-и шањри Душанбе дохил мешавад. Баъди се соли тањсил ба омўзишгоњи олии њарбии автомобилии командирїмуњандисии шањри Самарќанд интиќол меёбад. Моњи августи соли 1994 бошад, бо фармони Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон ба љумњурї барои давом додани хизмати њарбї бо рутбаи аввали-

ни афсарї "лейтенант" даъват мешавад ва дар коллељи олии њарбии шањри Душанбе (Донишкадаи њарбии Вазорати мудофиаи Тољикистон) вазифаи командири взводро барояш сазовор медонанд. Солњои 1995-1996 дар Академияи њарбии шањри Солнечногорск тањсил мекунад. Баъдан, дар Донишкадаи њарбии ВМ ЉТ то соли 1998 дар вазифањои командири взвод, командири рота, муаллими калони њарбии автомобилї кор мекунад. Соли 1998 то 2006 фаъолияташро дар кафедраи њарбии Донишгоњи техникии Тољикистон идома дода, баъдтар, ба кафедраи њарбии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон даъват мешавад. Дар кафедраи мазкур то соли 2010 фаъолият карда, аз соли 2010 то њол дар кафедраи њарбии ДМТ корашро идома медињад... Воќеан, хуб ёд дорам, ки замоне донишљўёни факултети њуќуќшиносї паси дараш љамъ омада, дар даст ариза, хостори ба роњбарї гирифтани Азизљон Бобониёзов гуруњашонро доштанд. Ў њамагї бо як соат (ба љойи муаллими дарсдињанда як соат дарс гузаштааст) дили донишљўёнро ба даст оварда буд. Ваќте донишљўён шахси њалиму хоксор ва мењрубонро мебинанд, дарњол ариза менависанд, то ў минбаъд гуруњашонро дарс дињад. Яке аз донишљўёни гуруњашон, ки дар хобгоњ њамроњамон меистод, њамон бегоњ ба хонаи мо омаду ба тавсифи А.Бобониёзов шурўъ кард. -Чї хел шумо гуруњи хушбахтед- а? Имрўз мо њам ариза навиштем, ки командири шумо ба мо дарс дињад, вале бо бањонаи аз меъёр зиёд шудани сарбориаш ќабул накард. Дарсњои шумо њама ваќт њамин хел мегузаранд? Намешавад аз ин пас ман бо шумо хонам? Ва амсоли ин пайи њам суолњоро медод Шањбоз. Аз ин суњбату суолгузории ў гоњ механдидему гоњ масхарааш мекардем, ки ба мо "бахилї" дорад. Ин нафари аввалин ё охирин набуд. Њар њафта дар кафедра дар борааш ќиссањои зиёд мешунидем. Њангоми дарс ваќте суол мекардем, ки чаро мисли дигар афсарон љиддї нест, боз њам бо њамон хандаи табиї ва њазломез посухамон медод. Ваќте љиддї мепурсидем, он гањ устод мегуфт: -Намехоњам мисли дигарон љиддї бошам. Намехоњам баъди аз вазифа рафтанам касе суроѓам наояд. Намехоњам табъи касеро хира созам. Намехоњам баъди аз дар баромадан бо сухани бад ёдам кунед. Танњо ва танњо дар лабонатон табассумро дидан мехоњам. Танњо ва танњо њамдигарро бо некї ёд карданро бароятон омўхтан мехоњам… Ва ана њамин "намехоњам"-у "мехоњам"-њояш аст, ки њама "командир", "устод", "рафиќ подполковник" -гўён наздаш мешитобанд. -Медонед, дар зиндагї бо бисёр нобарорињо рў ба рў шудам. Зиндагї бисёр пешпоям дод. Шояд њамин афтидану хестанњост, ки аз љиддияту сиёсаткарданњо хаста шудааму њамеша байни шогирдонам шоду хурсанд будан мехоњам,боре гуфта буд устод. Э.ХУШВАХТОВ, хатмкардаи ДМТ


20-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛЇ 4ТАЉРИБА Наќшаи яксоати тарбиявї барои синфњои болої

Мавзўъ: Хизмат ба Ватан сарфарозист. Маќсади дарс: а) тарбияи ватандўстї ва инсондўстї дар нињоди насли наврас эњё намудани њуввият ва ифтихори миллї. б)ташаккули нутќу тафак-

мо амали шахси нохалаферо мемонад, ки њангоми беморї ва пирї модарашро мепартояд. (Хонандагон аз эљодиёти шоирон порчањои шеърї ќироат мекунанд).

Санљиши дониши хонандагон

Муаллим: - Маълум шуд, ки шумо дар бораи Ватан, њифзи марзу бум маълумот доред. Оё

вад. Мутаассифона, дар љомеаи мо љавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон саркашї менамоянд, ки ин љуз шармандагї дигар чизи дигаре нест. Сабаб чист? Сабаб надоштани њисси миллї, бетараф будан нисбат ба таќдири Ватан, миллат ва падару модари худ аст.

Мустањкамкунии мавзўи нав

А) Натиљагирї тариќи пурсиш: Муаллим: -Акнун мебинем,

кур ва љањонбинии хонандагон. в)тарбияи хонандагои дар рўњияи эњтиром ба ќонунњо. Вазифа: Омода намудани хонандагон барои хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон. Усули гузаронидани дарс: суњбат бо усули "ММД" (медонам, донистан мехоњам, донистам). Таљњизот: а)аёнї: расму овезањо ва китобњо, б)техникї: компютер, магнитофон.

Равиши дарс:

I.Ташкили дарс: риояи одоби муошират, аз назар гузаронидани њолати тозагии синф,љалб намудани диќќати хонандагон ба дарс. 2.Баёни мавзўи нав: Хизмат ба Ватан сарфарозист. А) (Пурсиши вазифаи хонагї). Аз бачањо пурсида мешавад, ки оид ба мавзўи мазкур чиро медонанд. Бачањо љавоб медињанд: Санавбар: -Мутобиќи моддаи 43-и Конститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон "Њифзи Ватан њимояи манфиатњои давлат, тањкими истиќлолият амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрванд аст". Фирўз: -Тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ќайд мекунад: "Барои насли наврас яке аз муњимтарин мактабњои обутоби њаёт хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат аст". Шафоат: -Њамасола баробари оѓоз шудани мавсими даъват барои хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон "ташвиш"-и љавононе, ки ба њар роњу восита аз хизмати њарбї худро дар канор мегиранд, сар мешавад. Умеда: - Саркашии љавонони

4ТАЉЛИЛ Алишер: Марзу бумат ќалбу љонам, эй Ватан, Марзу бумат њаст шонам, эй Ватан. Ањли синф: Агар пурсанд аз ман чист аз љону бадан бењтар, Ватан бењтар, Ватан бењтар, Ватан бењтар. Фирўз: -Агар дар зиндагї лозим ояд, ки тири ба сўи Ватан равонакардаи душманро ба сина боздорї, ба олам омадан меарзад. Фаридун: -Азизон, диле, ки дар он ишќи Ватан, ишќи миллат, ишќи забону фарњанги миллат љўш намезанад, хомўш буданаш бењтар аст. Шањноза: -23 феврали соли равон ба ташкилёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон 20 сол пур мешавад. Иди њомиёни ватанро дар сар то сари кишвар ба таври васеъ таљлил мекунанд, чунки Ќуввањои Мусаллањи

шумо ба њамин ќадар маълумот ќаноат кардед? Боз дар бораи кадом пањлуњои ин мавзўъ донистан мехоњед? Хонандагон: -Мо мехоњем донем, ки кадом санади меъёрїњуќуќї хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањро ба танзим медарорад? - Мехоњем донем, ки сабаби саркашї намудани љавонон дар чист ва ќонун дар ин маврид чї гуна љавобгарї пешбинї намудааст?

Додани маълумотњои нав

Муаллим: -Хонандагони азиз! Ба гуфтањои шумо њаминро илова карданиам, ки Ватан азиз аст. Дифои он аз љон азизтар. Њар фарде, ки ифтихори ватандорї дорад, бояд дар њама њолат бањри њифзи марзу буми диёр омода бошад. Дар Љумњурии Тољикистон Ќонун "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" ќабул шудааст. Мувофиќи ќонун шањрвандони љинси мард аз 18 то 27-сола ба хизмат даъват карда меша-

ки шумо, бачањо, чиро аз мавзўи пешнињодкардаи мо аз худ кардед. Фурќат: -Ватан барои фарзандон гањвораи умедњои љовидонист. Тољикистон бањри ман Ватан аст. Аз ин рў, бо номаш ифтихор дорам. Санавбар: -Домони Ватан чу домони Модар моро муќаддас аст. Саропои вуљудам, њастиам, нињодам лабрез зи мењри Ватан аст. Љасорат: -Донистам, шахсе, ки Ватанро самимона дўст медорад, набояд аз марг бињаросад. Касе, ки Ватанро дўст намедорад, ўро нангу номус нест.

Хотима

Муаллим: -Бачањо, њаргиз бе ёди Ватан набошед. Тавре шоир фармудааст: Беватан нест ѓарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст. Њайдар ЗУЊУРОВ, омўзгори мактаби раќами 16, ноњияи Њамадонї

№8 22-юми феврали соли 2013

4ЌАЊРАМОНЇ

МАРДИ ШУЉОЪ Таѓай Талбаков дар ноњияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1940 ба хољагии ба номи Карл Маркси ба ноњияи Фархор муњољир шуда омадааст. Соли 1944 ўро ба љанг даъват намуданд. Дар шањри Самарќанд 4 моњ машќ карда, баъд ба фронт равон гардид.

- Соли 1945 дар Чехославакия гурўњи "Молодая гвардия" буд, -ба ёд меорад ў. - Њамаи аъзои ин гурўњ мактаббачањои 14-16- сола буданд. Ман дар ин гурўњ посбон будам. Кори ин гурўњ пинњонї буд. Боре дар як иморати калон гурўњи 500-нафараи немисњо даромаданд. Ана, њамин гвардиячиёни љавон як гурўњи калони фашистњоро нобуд карданд. 8 майи соли 1945 њангоми бомбаборон кардани шањри Брно Т.Талбаков ярадор шуда, ба госпитал меафтад, ў навиди Ѓалабаро дар госпитали шањри Брно шунида шод мегардад. Таѓай барои Ватан 7 сол хизмат карда, дар барќароркунии харобањои Абхазистон, Арманистон, Батуми, Сухуми, Гурљистон, Гагра, Сочї ва Москва иштирок на-

ВАСФИ 20-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛЇ Баргузор намудани дарсњои кушоди тарбиявї, чорабинињои беруназсинфї бахшида ба њар гуна ид дар мактабњо ба њукми анъана даромадааст.

Ба муносибати 20 -солагии Ќуввањои Мусаллањи љумњурї дар мактаби мо њам чунин иќдому ташаббусњо пеш гирифта шуданд. Аз љумла, дарси тарбиявие, ки мо дар синфи 9-г баргузор намудем, "Зи ишќи Ватан љўш дорад дилам" ном дошт. Дар тахтаи синф "Мо сипоњиёни фардои Ватанем" навишта шуда, шиору овезањои гуногун синфро оро дода буданд. Дар ду тараф рўзномањои деворї, гўшањои "Сарбози Ватан" ва "Аксњои хотирмон" овезон. Дар дарс ба ѓайр аз омўзгорон, ќисман мењмонон, падару модарон њам иштирок доштанд. Ба њозирин баромади бачањо дар бораи Ватан, ватандорї, Тољикистон ва табиати он, тараннуми байту тарона ва сањначањои љолиб дар муддати як соат хеле писанд омад. Ситора НАЗРУЛЛОЕВА, омўзгори мактаби раќами 15, шањри Душанбе

(Намунаи соати тарбиявї бахшида ба 20-солагии Артиши миллии Љумњурии Тољикистон) даанд, метавон номи Гурдофаридро, ки тимсоли барљастаи занони муборизу диловар мебошад, ки ба забон овард. Гурдофарид, воќеан њам, зани баору номус, мењанпарасту ѓаюр ва озодихоњест, ки Ватани худро бо љону дил дўст медорад ва дар ин роњ тайёр аст, ки њатто, шароби маргро њам далерона бинўшад. Саёњатбону: -Мо дар зери таъсири анъанањои бузурги далерї, ќањрамонї ва вафодории аљдодонамон тарбия ёфтаем. Мо дигар дар роњи њимояи Ватан аз касе ё аз чизе чашми тарсу њарос надорем. Фарњод: - Ќањрамонони устод Айнї бо ѓайрату шуљоаташон моро дар њайрат гузоштаанд, онњо далерона ба набард мерафтанд ва бо аќлу ќувваташон ѓалаба мекарданд. Ман аз шуљоати

Нигина САФАРОВА, муаллимаи мактаби раќами №6, ноњияи Фархор

4ИСТИЌБОЛ

МУЊОФИЗОНИ ФАРДОИ ВАТАН љумњурї сулњу субот ва осоиштагии Ватани мањбубамонро таъмин ва њифз мекунанд. Шукрона: - Аз таронаи Ватан оѓоз намудани дарси мо бесабаб нест. Гуфтї: Бирав, дунё шинос, То ки шиносї дењи худ. Аз дарси дурият, Ватан, Мушкилтарам дарсе набуд. Дориюш: -Бале, месазад, ки аз гањвора то гўр таронаи Ватан бисароему аз мардонагию ќањрамонии фарзандони беназирашРустам, Спитамен, Деваштич, Муќаннаъ, Шерак, Темурмалик, Восеъ, Њодї Кенљаев, Саидќул Турдиев ва садњо нафарони дигар дарси матонату шуљоат биомўзем. (Сањнаи "Гусели сарбоз") Саодат: -Дар ќатори мардони ќањрамон, ки дар њимояи марзу буми Ватани хеш љоннисорї кар-

мудааст. Дар барќароркунии харобињои шањри Москва 3 сол хизмат менамояд. Барои хизматњояш ў бо ордени Ситораи Сурх, медали "Барои ѓалаба бар Германия", "Барои ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї", "Барои озод кардани Чехославакия", 30, 60,70 -солагии Ќуввањои Мусаллањ ќадрдонї шуд. 17 майи соли 1950ум бо сари баланд ба Фархор бармегардад. Соли 1953 бо Мањингул ном зебодухтари фархорї хонадор шуда, соњиби 10 фарзанд мегардад. Таѓай баъди љанг касби муаллимиро интихоб намуд. -Муаллимї бењтарин касб аст, барои он ки муаллим ба тарбияи одам машѓул мешавад, мегўяд ў. -Ман аз ин касб нони њалол хўрда, фарзандонамро ба камол расонидам. Ин марди шуљоъ баъди 42 соли фаъолияти омўзгорї ба нафаќа баромад. Таѓай Талбаков аз он ки њамаи писаронаш хизмати Модар-Ватанро ба љо овардаанд, ифтихорманд аст. Обрўю эътибораш хеле зиёд аст. 3 сол аст, ки раиси ветеранњои Љанги Бузурги Ватанї дар љамоати дењоти "Ѓайрат" мебошад.

ќањрамонони устод илњом гирифтам ва мехоњам баъди хатми мактаб ба омўзишгоњи њарбї дохил шавам ва сарњади муќаддаси ватанамро далерона посбонї намоям. (Сањнаи "Атри кафан" аз рўи очерки "Ќањрамони халќи тољик") Шањноза: - Таърихи муборизањои адолатхоњонаи мардуми кўњистони тољик, ки пояи њукумати Манѓитияро ба ларза оварда буд, хеле пандомўз аст. Халќе, ки барои озодию истиќлол мубориза мебарад, маѓлубнопазир аст. (Сањнаи "Вохўрии Восеи асир бо амир Абдулањадхон" аз рўи романи "Восеъ" -и Сотим Улуѓзода). Шабнам: - Устод Сотим Улуѓзода дар шахси Восеъ симои барљастае офарид, ки аз корнамоињои он мардуми тољик солњои сол дарси хештаншиносї меомўзад. Аз љумла, њамдиёрони Восеъ,

Сафар Амиршоев, Саидќул Турдиев, Исмат Шарифов ба хотири дифоъ аз нангу номуси инсонї дар Љанги Бузурги Ватанї ќањрамонии њамватани хешро такрор карданд. Давлаталї: -Агар соатњои дароз мо авроќи рангини таърихро сањифагардон карда, аз ќањрамонию мардонагї, диловарию шуљоатмандї, номуси ватандории њамватанонамон њарф бизанем, ваќт басандагї намекунад. Бибиоиша: -Шоиста он бошад, ки матонату диловарии онњоро дар зиндагї сармашќи кори худ ќарор дода, њар лањза бањри њифзи манфиатњои Ватан содиќ будани худро собит созад. (Ќироати манзумаи "Нидои шањидон" ба хотири љавонмардоне, ки барои Ватан љон фидо кардаанд). Дар анљом Оиша суруди "Эй, њамватан!"-ро месарояд. (Ёдовар мешавем, ки дар интихоби сањначањо ихтиёр ба дасти шумост). Дилафрўз ЊУКУМАТОВА, омўзгори мактаби раќами 53-и шањри Кўлоб


ОИЛА ВА МАОРИФ

№8 22-юми феврали соли 2013

ОЛИМИ ЉАВОН НАБЗИ САЙЁРА

4МУЖДА Инак, боз як нафар омўзгор соњиби унвони илмї гардид. 27-уми январ Сафаралї Саидов, директори литсейи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе, ки умри худро ба мактабу маориф бахшидааст, рисолаи илмиро дар мавзўи "Истифодаи хусусиятњои педагогикаи компютерї дар макотиби љумњурї" бомуваффаќият њимоя кард. Аъзои Шўрои илмии Донишгоњи омўзгорї ба дониши С.Саидов бањои сазовор дода, ќайд намуданд, ки ў минбаъд њам метавонад, асарњои илмї оид ба педагогикаи замонро пешкаши хонандагон ва толибилмон намояд. Рисола аз се боб иборат буда, дар он маълумоти муффасал оид ба роњњои истифодаи педагогикаи компютерї дар дарсњои забони русї ва тољикї дода шудааст. Ў на танњо аз сарчашмањои

илмии замона истифода кардааст, балки нуќтаи назари худро, ки дар тўли зиёда аз 10 соли фаъолияти муаллимиаш дар литсейњо ба даст овардааст, олимона зарурияти истифодаи техникаи замонавиро исбот кардааст. Аз чопи маќолаву китобњои дарсиаш, ки кайњо боз хонандаи худро ёфтаанд, ќаноатманд нест. Доимо сари кору љустуљўи ў исти-

фодаи методикаи нави донишандўзии шогирдонаш мебошад. То дифои рисолааш зиёда аз 30 маќолањои илмиро пешкаши хонандагону олимон намудааст. Дар тўли якуним соли сарвариаш С.Саидов тавонист, сифати дарсњоро, бењтар намуда, корњои тарбиявиро дар њамкорї бо волидон баргузор намояд. Њамарўза талаб дорад, ки фаъолияти омўзгорї бояд дар заминаи илмї асос ёфта, онњо барои баланд бардоштани сифати дарсњо ва обрўю нуфўзи литсей кор баранд С.Саидов љавони батаљриба буда, аз ўњдаи тадќиќоти минбаъдаи соњањои гуногуни илм мебарояд ва мо, коллективи омўзгорон ўро табрику муборакбод гуфта, ба ў дар шоњроњи минбаъдаи тадќиќотњои илмї муваффаќиятњои беназир орзў дорем. С. УСМОНОВА, омўзгори литсейи №2-и шањри Душанбе

4АНДЕШАИ РЎЗ

Оила барои њар як шахс муќаддас бояд бошад. Ба хонадоне, ки проблема дорад, то он ки ба дараљаи барњам хўрдан нарасад, мадад расондан зарур аст. Хонаводањо аз вазъи танги иќтисодї дар љамъияти кунунї хоњу нохоњ ба мушкилии зиёд дучор мешаванд. Тољикистон, ки худ дар њолати буњрони љамъиятиву иќтисодї ќарор дорад, имкони пурраи мадад расондан ва дастгирии оилањоро надорад. Мушкилоти оилавї дар мењвари диќќати њам мутахассисони соња ва њам онњоест, ки дар ин љода мутахассис нестанд, вале шабу рўз дар фикри солимии хонадони тољик њастанд. Зеро ободии њар як хонадон нишондињандаи сатњи зиндагии мардум ва дараљаи некўањволии љомеа аст. Проблемањои љамъиятї инъикосгари иртиботи зичи хонаводањо бо љамъият аст. Он рисолати муњими љамъиятиро иљро мекунад. Ба њамин хотир, њам давлат ва њам созмонњои љамъиятї мекўшанд, ки шароити зарурї барои ободии он фароњам оваранд, корњои амаливу созандагиро ба сомон расонанд, то муносибатњои оилавї дар хонаводањо сифатан бењтар шаванд. Ба воситаи чунин навъи корњои љамъиятї онњо кўшиш мекунанд, ки мушкилоти хонаводагиро осон намоянду аз барњам хўрдан онњоро наљот дињанд. Аслан, дар ин самт мушкилот хеле зиёд аст. Имрўз масъалаи мубрам масъалаи наврасони бепарастор, зиндаятимон ва истифодаи неруи љисмонии кўдакон мебошад, ки таваљљуњи љиддї мехоњад. Ин њама аллакай диќќати оммаро ба оила љалб кардааст. Њама огањем, ки то соњибистиќлол шудани давлатамон, парастории оилањо ба дўши давлат буд. Яъне, чунин тарзи парасторие ба роњ монда шуда буд, ки фарзандонамонро мехо-

4КОНФРОНС

нонданд, онњоро тарбият ва табобат мекарданд ва њамаи ин ройгон буд. Мо танњо маош мегирифтему хизмат ба давлат мекардем. Пас аз пошхўрии Иттињодї Шўравї ба мо аён шуд, ки тарбия аслан вазифаи оила аст. Маълум шуд, ки бояд кор карду ба хонадон маблаѓ овард, тарбияи фарзанд, нигоњубини падару модар њама бар дўши аъзои оила аст. Бояд гуфт, ки то Инќилоби Октябр ин вазифањо њамеша бар дўши оила ќарор дошт. Мо њамагї чанд муддат ба тарзи дигари оиладорї одат карда будем ва бояд боз, чунон ки бобоёни мо мезистанд, љиддан ба тарзњои нави оиладорї назар афканем. Ин давраи гузариш аст, ки мушкилот пеш овард. Охири моњи декабри соли 2010-ум Президенти кишвар, мўњтарм Эмомалї Рањмон Лоињаи Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи тарбияи фарзанд"-ро барои муњокима ва баррасї пешнињод карда буд. Њар фарде, ки ба шахсияти худ эњтиром дорад, дар ин бора ба воситаи радио, телевизион ва матбуоти даврї афкори хешро иброз дошт. Ва дар натиља ба хулосае омаданд, ки њар нафар бояд масъулияти тарбияи фарзанди хешро бар дўши худ гирад ва фарзандон дар љавоб барои волидони пирашон сарпаноњ бошанд.

Ваќтњои охир дар пойтахти кишвар марказњое фаъолият доранд, ки ба ањолї њам мадади иљтимої ва њам равонї мерасонанд. Боиси зикр аст, ки дар чунин як вазъи начандони хуби иќтисодие, ки мо ќарор дорем, волидайн имкон надоранд, ки соњиби фарзандони бисёре шаванд. Чун тарбияи њар кадоми он фарзандон, таъмини пулию молии онњо корест сангин ва пурмасъул. Вале бо баъзе љавонписарону љавондухтарон њамсуњбат мешавию аз ѓайрату хоњиши онњо хурсанд мешавї . Ин љавонон мехоњанд, кор кунанду маблаѓ ба даст оранд, то дар оянда соњиби се ва ё зиёдтар аз он фарзанд шаванд. Тањќиќоти сотсиологие, ки байни љавонони аз 16 то 30-сола гузаронида шуд, моро дар њайрат гузошт. Њамаи онњо изњор доштанд, ки оила барояшон муќддас аст. Дар Тољикистон проблема хеле зиёд аст. Оилањои носолим зиёданд. Наврасон худ кўшиш мекунанд, ки дар бозорњо кор кунанд, мошин шўянд, дарюзахоњї кунанд, барои рўзгузаронї маблаѓе ба даст оваранд. Ин њама боиси сар задании беморињои гуногун дар байни наврасон мешавад. Њарчанд созмонњои гуногун барои бартараф сохтани мушкилоти оилањо кўшиш ба харљ дињанд њам, натиљањои фаъолияти онњо начандон самаровар аст. Умедворем, ки мушкилии наќши оила дар тарбияи фарзандонро њама сохторњо: муассисањои томактабиву мактабї ва олї дар якљоягї бо созмонњои љањонї бартараф хоњанд кард. Зулфия РАЊИМОВА, муаллимаи забони русии мактаби № 81-и ноњияи Сино

ЎЗБЕКИСТОН АЗ НАТО ЊАМКОРЇ МЕХОЊАД Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Иттињоди Атлантикаи Шимолї, дар гузориши љадиди солонаи худ гуфтааст, ки Ўзбекистон аз НАТО хостааст, то дар соњаи омўзиши њарбї ба кишвараш мадад расонад. Мутобиќ ба иттилои расонаи хабарии "Шелковий пут" ("Роњи абрешим"), дар гузориш гуфта шудааст: "Омўзиш ва таълим як абзори калидї барои тањаввул ва дигаргунист, ки НАТО онро барои дастгирии воридсозии ислоњоти созмонї дар кишварњои шарик истифода мебарад. Барномањои таълимии иттињод, ки аввал барои афзоиши ќобилияти њамкории ќуввањои мусаллањи НАТО ва шарикони он равона карда шуда буд, њамакнун густариш дода шудааст. Айни њол НАТО аъзои иттињод ва шарикони онро барои њамкорї дар созмон, тавсеа ва ислоњоти муассисањои омўзишї дар соњаи нируњои амниятї, дифої ва мусаллањ маблаѓгузорї мекунад". "Барномањои амиќи омўзиши низомї ба раванди таълим дар њоли иљро бо мамолике, чун Афѓонистон, Арманистон, Озарбойљон, Гурљистон, Ќазоќистон ва Молдавия ќарор дорад. Соли 2012ум дар ин соња Ироќ ва Мавритания низ ба њамкорї шуруъ кардаанд, Украина ва Ўзбекистон бошанд, изњори хоњиши њамкорї кардаанд", - гуфта шудааст дар гузориши Расмуссен. Мутобиќ ба иттилои НАТО, "Барномаи амиќи омўзиши низомї" (DEEP) бори аввал соли 2007 аз љониби Иттињоди Атлантикаи Шимолї дар Ќазоќистон оѓоз карда шудааст. Бароњандозии барнома ба ўњдаи гурўњи кориест, ки барои тавсеаи омўзиш аз рўйи сохтори Консорсиуми академияњо ва муассисоти низомї амал мекунад. Ин гурўњи корї тањќиќи масъалањои амниятиро аз рўйи барномаи НАТО "Мушорикат бањри сулњ" ба роњ андохтаасту он зиёда аз 800 академияи низомї ва муассисоти вобаста ба масъалањои амниятиро дар 59 давлат ба њам пайвастааст. Маќомоти роњбарикунандаи Консорсиуми "Мушорикат бањри сулњ", ки соли 1998 созмон дода шудааст, Шўрои машваратии олист ва ба он намояндањои Австрия, Канада, Олмон, намояндагони НАТО, Суис, инчунин ИМА шомиланд. "Барномаи таъмиќи омўзиши низомї" (DEEP) барои дастгирии талошњои њамкорони НАТО дар созмондињї, тавсеа ва ислоњоти муассисоти низомї тавассути мадад расондан ба омодасозии барномањои дарсї (чї чиз бояд таълим дода шавад) ва такмили сифати усули омодасозї (чї гуна бояд таълим дода шавад) ба роњ андохта шудааст.

ЌАРИБ 3,5 ДАРСАДИ АЊОЛИИ РОССИЯ ТАЊСИЛОТИ УМУМЇ НАДОРАНД

ЌОНУН АМАЛЇ МЕШАВАД

Чанд рўз ќабл дар толори маљлисњои Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ноњияи Шоњмансури пойтахт конфронси илмї-назариявї дар мавзўи амалї намудани Ќонуи ЉТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими фарзанд" баргузор гардид. Њамоишро бо сухани муќаддимавї муовини раиси ноњияи Шоњмансур, њамзамон раиси комиссия оид ба њуќуќи кўдак дар ноњия Ф.Ќосимова ифтитоњ намуда, атрофи сабабу омилњо ва заминањои ќабул гардидани Ќонуни ЉТ "Дар

бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" батафсил сухан ронд. Баъдан мудири бахш оид ба њуќуќи кўдаки МИМЊД-и шањри Душанбе Манзура Саломова дар мавзўи "Њуќуќ ва ўњдадорињои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" баромад кард. Мудири бахш оид ба корњои дини дастгоњи раиси ноњия О.Бекмуродов, муовини сардори раёсати маорифи шањри Душанбе Ф.Худоёров, сардори шуъбаи кор бо ноболиѓон ва љавонони ШВКД дар ноњия Ш.Ќурбонов, равоншинос Н.Юнусова, директори мактаби махсуси љумњуриявї Н.Бобоев дар масъалањои мубрами тарбия ва проблемаву мушкилот дар раванди иљроиши Ќонуни мазкур њарф заданд. Бояд хотирнишон кард, ки чунин конфронсњои илмию амалї ва љамъомаду њамоишњо перомуни равобити маќомоти њокимияти мањаллї ва муассисањои таълимии ноњияи Шоњмансур зуд-зуд барпо мегарданд, ки дар он иќдоми садорати ноњия басо назаррас мебошад. Ш.РАЉАБЗОД, "Омўзгор"

Аз рўйи маълумоти тозаи Росстат, ќариб 3,5 дарсади сокинони Россия тањсилоти умумии њатмї надоранд. Бино ба иттилои муовини сардори Хадамоти федералии омори давлатї Константин Лайкам, 24 дар сади ањолї маълумоти олї доранд, њамин теъдод тањсилоти махсуси касбї дошта, маълу-

моти њатмии умумиву касбии миёнаро њамагї 18 дарсад доранд. Онњое, ки маълумоти њатмии умумї надоранд, 3,4 дарсаданд, ки дар шањрњо ин нишондод 2 дарсад асту дар русто - 6 дарсад. Тањияи Ситорабону НАЗАРОВА, "ОМЎЗГОР"


МАЪНАВИЯТ 4САБКИ ДАРС Омўзгор дар мактаб симои асосї буда, ќалби шогирдонро аз нури маърифат саршор мегардонад. Ё ба андешаи дигар омўзгор тањиягари намоишномае мебошад, ки шогирдонаш хоњишманди иљро кардани наќшњо мебошанд. Хушбахтона, мо имрўз дар ќарни XXI ќарор дорем.

ни љойи њарфњо, ёфтани љуфти мувофиќ ва ѓайра). 9. Тартиб додани саволњои викторина доир ба эљодиёти шоир. 10. Ифоданок, беѓалат аз ёд хондани ягон ѓазали шоир. 11. Байтбарак аз эљодиёти шоир. 12. Тамошои ягон лањзаи њаёти адиб аз монитор ва навиштани андешањои хеш. Омўзгор пас аз он ки ќисме аз хонандагонро тавассути пурсиши вазифаи хонагї бањогузорї мекунад, ќисмати мустањкамкуниро ба воситаи супоришњое, ки ба хонандагон дода буд, мегузаронад. Супоришњо хаттї ва шифоњї пурси-

№8 22-юми феврали соли 2013 бошад, ки аз рўи асарњои драмавї ва сужетнок гузаронида мешавад. Муаллим ба хонандагон маќсадро фањмонида, аз рўи сенарияи тартибдодаи худ ба онњо маслињат медињад ва ба иштирокдорони бозї наќшњоро таќсим мекунад. Дарс - мусобиќа бо маќсади муайян кардани дониши хонандагони синфњои паралелї гузаронида мешавад. Омўзгор номи мавзўъро эълон мекунад ва санљиши хонандагон аз рўи мавзўи таъиншуда оѓоз мегардад. Дарс - зењн, дар ин намуди дарс хонандагон ба гурўњњо таќсим шуда, мавзўи калонро тайёр карда, байни худ саволу љавоб

Лоињаи пурсиши 80 - фоизи хонандагон

ФАЪОЛГАРДОНИИ ХОНАНДАГОН

Асре, ки дар он пешрафти илму техникаи муосир хеле зиёд ба чашм мерасад ва ваќти он расидааст, ки аз дарсњои ќолабї даст кашем ва дар љустуљўи усулњои нави фаъоли таълим бошем. Бо хонандагон бисёртар кор карда, майлу раѓбаташонро нисбат ба њар як фан бедор гардонем. Ба њамагон маълум аст, ки дарс 5лањзаи муњимро дар бар мегирад. Омўзгор метавонад, ќолабшиканї карда, љои баъзе лањзањоро иваз намояд. Масалан; пас аз лањзаи ташкили дарс ба љои пурсиши вазифаи хонагї, баёни мавзўи навро шуруъ намояд. Пас аз баёни мавзўи нав, яъне, њаёт ва фаъолияти эљодии Љалолиддини Румї ба ќисми зиёди хонандагон барои, он ки ваќти худро бењуда сарф накунанд, супоришњо дињад. Яъне, хонандагон барои тайёр кардани супоришњои зерин, ки дар монитор ё тахтаи электронї нишон дода шудааст, омодагї мегиранд: 1. Тартиб додани љадвали санањои муњими њаёти адиб. 2. Сохтани харитаи сафарњои шоир. 3. Навиштани наќл доир ба њуљуми муѓулњо ва сабабњои ба кишвари дигар сафар кардани адиб. 4. Тартиб додани кроссворд оид ба рўзгори шоир. 5. Тањлил кардани як порчаи шеърї аз ашъори шоир. 6. Шарњ додани луѓатњо аз доираи мавзўъ. 7. Кор бо вараќчањо (карточкањо). 8. Фаъолият бо шаклњои гуногуни тестњо (аз љумла: интихоби тартиби дуруст, интихоби якчанд љавоби дуруст, ворид намудани матн, ворид намудани адад, тасдиќот дуруст аст, иваз намуда-

да шуда, бањогузорї ба љавоби хонанда яке аз роњњои њавасмандкунї мебошад. Ногуфта намонад, ки хонандагон ќисми зиёди донишро ба тариќи шифоњї аз наќли муаллим ё аз китоб мегиранд ва дар мавриди дигар дар натиљаи мушоњидаи њодисањои гирду атроф ва дар љараёни фаъолияти худ гирифта метавонанд. Ваќте ки омўзгор ба хонандагон супоришњои дар боло зикршударо медињад, онњо маљбур мешаванд, ки пас аз гўш кардани наќли муаллим боз ба мутолиаи китоби дарсї машѓул шаванд. Омўзгори ботаљриба Абдурасул Ќурбонов усулњои зерини фаъолгардонии хонандагонро дар дарс нишон додааст; дарс-санљиш, дарс-бозї, дарс-мусобиќа, дарс-зењн, дарс-муколама. Дарс - санљиш як усули фаъол гардонидани хонандагон мебошад, ки муаллим онро метавонад дар таълими мавзўъњои калони барномаи таълимї гузаронад. Дарс - бозї намуди дигари фаъолгардонии хонандагон ме-

мекунанд, ки он шакли бањсу мунозираро мегирад. Дарс - муколама дар инкишофи нутќи хонандагон мавќеи намоёнро ишѓол мекунад. Њамаи хонандагон барои гузаронидани чунин намуди дарс маърўза тайёр мекунанд, ки ба як масъала бахшида шудааст. Њамсинфон маърўзањои якдигарро шунида, савол медињанд ва андешањои худро баён мекунанд. Масаллам аст, ки омўзгорон дар натиљаи омўзиш, иштирок ба дарсњои якдигар ва фаъолияти кории хеш методу усулњои навро дастрас мекунанд. Љомеаи имрўза ниёзманди омўзгороне мебошад, ки роњу усулњои фаъол гардонии хонандагонро љустуљў карда, хонандагони донишманду боинтизому ва мењандўстро тарбия намуда, ба камол мерасонанд. Сафаралї Афѓонов, омўзгори литсейи Президентии шањри Душанбе, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон

4ИНСОН ВА АХЛОЌ

ЉАВОНОН ВА АРЗИШЊОИ МАЪНАВЇ Њар як миллат таърих, маданият, анъанањои фарњангию динї, касбу кор, расму оини худро дорад. Инсон њамаи хусусияту нишонањои мазкурро баррасї намуда, дар атрофи он андеша меронад. Худшиносии миллї дар комёбињои фарњангї, илмї, техникї, иќтисодию иљтимої, маданияти њуќуќию сиёсї зоњир мегардад. Дар навбати худ ибтидою анљоми корњои мазкур ба маданияту одоби њар як фарди љомеа робитаи ногусастанї дорад. Одобу маданият ба пиру љавон њусну тароват бахшида, ба кору истироњат фазои мусоид фароњам меоварад. Ахлоќ, одоби муошират узви таркибии маданият буда, муносибатњои неки инсонро дар бар мегирад. Аз ин рў, риояи татбиќи онњо бунёди маданияти шахсро ташкил медињад. Халќи тољик дорои маданияти бостонист ва зарур аст, ки љомеаи имрўзаи мо дар сатњи маданияту маърифати олї зиндагї дошта бошад. Мутаассифона, дар љомеа афроде низ ќарор доранд, ки бо ахлоќи ѓайриинсонии худ осоиштагии мардумро халал-

дор месозанд. Аз ин рў, моро лозим меояд, ки дар такя ба нишондоди ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" оид ба таълиму тарбияи насли оянда зиёдтар њарф бизанему тадбирњои судманд биандешем. Ояндаи њар як миллат љавонони боилму фарњанг ва баору номуси он њастанд, зеро онњо бо созандагии худ метавонанд, обрўю эътибори миллати хешро дар байни оламиён баланд бардоранд ва боиси ифтихору сарбаландии халќу Ватани худ гарданд. Љавонон ќувваи созандаи имрўзу фардоянд, ки бо худ аќидаю назарияњо ва мояи асливу љавњари ахлоќии миллатро пеш мебаранд ва бо ин роњ њамоњангии наслњоро таъмин месозанд. Зиндагиномаи шахсиятњои таърихї нишон медињад, ки мањз дар байни љавонони мустаќилу худкор ва бо мероси маданї ба чашми эњтиром назаркунанда шахсони эљодкор, навовар ва фаъоли љамъиятї ба воя расидаанд. Ягона василаи њалли оќилонаи масъалањои зиндагї, чї дар арсаи љањонї ва чї дар миќёси кишвар ва ё оила, ахлоќ ва одоби нек аст. Файласуфон ва њикматшиносони бостон ахлоќро асоси маърифати инсон шинохтаанд. Ба аќидаи онњо, агар офтоб олами мављударо равшан кунад, ахлоќ олами маънавиро равшан мегардонад. Пас, љавононро мебояд, ин нуктаро меъёри асосии фаъолияти худ дар љомеа ќарор дињанд. Њ.НУРОВА, омўзгори мактаби раќами 35, шањри Душанбе

4ДУ ХАБАР

ИЌДОМИ НАЉИБ Дар яке аз шўроњои педагогии мактаби раќами 26-и ноњияи Мастчоњ китобдори мактаб Гулхоним Шарифова оид ба костагии хазинаи фонди китобњои бадеї андеша ронд ва афзуд, ки солњои охир китобњои нави бадеї ворид нагаштаанд. Омўзгори фанни химия Муллопартоб Партобов дар таќвияти сухани китобдор пешнињод намуд, ки омўзгорон аз њисоби китобхонањои шахсии худ хазинаи китобхонаи мактабро такмил бубахшанд. Ин пешнињодро аввалин шуда омўзгори суруд Абдуфаттоњ Маљидов дастгирї кард. Номбурда аз китобхонаи шахсии худ 60 адад китоби бадеиро таќдим намуд. Хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо мутолиаи китобњо љањонбинии худро бой гардонанд. Раљаб МАЛИКЗОДА, рўзноманигор

КОМЁБЇ

Дар даври навбатии олимпиадаи мактабиёни ноњияњои тобеи марказ, ки дар ноњияи Рўдакї баргузор гардид, хонандагони муассисањои таълимии шањри Роѓун муташаккилона иштирок карда, соњиби љойњои арзанда гардиданд. Хонандагони синфи ХI-и мактаби тањсилоти миёнаи №1 Вайсиддин Шамсзода аз фанни таърих, мак-

таби №17 Фароѓат Катаева аз фанни биология, мактаб - парваришгоњ Даврон Дўстов аз фанни њуќуќ, мактаби №29 Љамшед Шарифов низ аз фанни њуќуќ ва мактаб-парваришгоњ Давлатой Сафоева аз фанни география љойњои дуюму сеюмро соњиб гардиданд. Њокими САФАР, шањри Роѓун

4ХУДОГОЊЇ Худшиносї омили асосии арзи њастї доштани халќу миллат ба шумор меравад. Халќе, ки худро шинохта натавонист, умри дароз надида, дар набардњои фарњангї, сиёсї ва забонї бо халќњои аз худ бузургтар омезиш ёфта, бо онњо њамроњ мешавад. Аз њамин сабаб худшиносї ин худнигоњдорї, худогоњї, умри дароз дидани халќу миллатњоро ифода мекунад. Халќе, ки худро мешиносад, эљодкору ихтирокор, маѓлубнашаванда ва маъруфу машњури замон мегардад. Худшиносї дар асоси њаматарафа донистани таъриху фарњанги миллати худ ва муќоиса бо фарњанги дигар халќиятњо пайдо мешавад. Номи халќ таљассуми нажодї, хулќу атвори он мебошад. Ифодаи дигари худшиносї забони миллат ба њисоб меравад. Хештан-

ГАРДОНЕМ

шиноси комил нигањбони забони модарї, пушту паноњ ва рушду камоли давлат мебошад. Номусу нанги миллат худ аз худшиносї дарак медињад. Халќе, ки номусу нанги миллї надорад, бозичаи дасти дигарон, дастнигар ва зери пойи аљнабиён гардида, оќибат забону фарњанги худро аз даст медињад. Дигар пањлўи худшиносї бофарњангист. Миллате, ки фарњанги баланд ва номусу нанг надорад, њар чї ки ба сараш меояд, ѓуломвор итоат менамояд. Дигар маънии он, дар дўст доштани Ватан ва сарзамини аљдодон ва муњофизи он будан ифода меёбад. Дар худшиносї донистани таъриху фарњанг наќши муассирро мебозад. Халќе, ки таъриху фарњанги худро намедо-

над, худшинос шуда наметавонад. Дар худшиносии халќи тољик истилои арабу муѓулнажодон наќши асосиро бозиданд. Чи гунае ки маълум аст, тољикон дар Осиёи Марказї ягона халќи бумии ориёнажод мебошанд, ки аз даврањои ќадим дар ин сарзамин сукунат доранд. Дигар халќњои њозираи Осиёи Миёна туркману ќазоќ ва ўзбаку ќирѓиз дар асрњои миёна ба воситаи љангу љидолњо ин сарзаминро гирифтанд. Ориёї аввалин номи этникии гузаштагони мо буд ва асрњои зиёд онњо худро ба ин ном миёни халќњои љањон муаррифї карда зистаанд. Дар Осиёи Марказї, Наздик ва Хурд ориёињо њазорсолањо халќи сершумор, бузург ва њукмрон буданд. Дигар халќњои бузургу кўчак, ки дар тасарруфи ориёињо афтода буданд, оњиста-оњиста ба онњо пайвастанд. Забони форсї, забони тамоми мардумони Ориёшањр аз бањри Миёназамин то марзи Чинро фаро мегирифт.

Худшиносї дар замони пеш, ин маъруф намудани забони форсї-тољикї ва фарњанги ориёињо буд. Аз сарчашмањои таърихї маълум аст, ки тозиён (арабњо) аввалњои асри 7 ба забт намудани сарзамини тољикону эрониён шурўъ карданд. Онњо мехостанд, ки забони форсї, хатти аљдодии мо-авастоиро аз байн баранд. Арабњо маъбаду китобхонањои маъруфи Эронро сўзонида, аксари мардуми соњибилму бохирадро мекуштанд, то ки њама арабзабону арабихон шаванд. Хусусияти дигари худшиносї ин њудуди марзу буми Ватани худро донистан ва онро аз душманони хориљї муњофизат кардан аст. Ин њамаро дар нињоди хонандагон тарбия карда, онњоро хештаншинос гардондан вазифаи љонии њар омўзгор аст. Гулнора РАЊИМОВА, љонишини директори мактаби раќами 31, ноњияи Њамадонї


ЁРИИ МЕТОДЇ

№8 22-юми феврали соли 2013

4ОМОДАГЇ

4СОЛГАРД

ШУКЎЊИ ЉАШНИ НАВРЎЗ

Муассисањои тањсилоти иловагї (МТИ) дар баробари фаъолияти кориашон бояд ба кори Созмони талабагї (СТ) низ диќќати љиддї дињанд, чунки МТИ-њо базаи методии кори СТ ба њисоб мераванд. Аз ин рў, директорони муассисањои тањсилоти иловагї њамзамон раиси шўрои љумњуриявї, вилоятї, шањрї, ноњиявии Созмони талабагї ба номи Исмоили Сомонї мањсубанд.

Имрўз аз баракати соњибистиќлолї Наврўз бо шўкуњу шањомати тозае дар саросари Тољикистон таљлил мегардад. Мактабњо низ макони баргузории чорабинињои наврўзї ба њисоб мераванд. Барои баланд бардоштани дараљаи маънавияти хонандагони мактабњо корњои беруназсинфї, алалхусус, пурмазмун гузаронидани чорабинињои тарбиявї наќши калон доранд. Дар мактабњо чорабинињо бояд тарзе сурат гиранд, ки љашни Наврўз бо њама шукўњу шањоматаш ба хонандагон пешкаш гардида, ба фањмишњои худшиносии миллї, арљгузорї ба расму оинњои таърихии миллат, эњтироми забони модарї ва амиќ омўхтани он густариши сулњу оромї, суботи сиёсї, вањдату ягонагї ва созандагиву бунёдкорї ва дигар манфиатњои миллї такони љиддї бахшад. Дар поён намунаи наќшаи чорабинињо оид ба таљлили љашни Наврўз пешкаш мегардад. Т/р 1 2 3

4 5 6 7 8 9

10 11 12 13 14 15 16

Номгўйи чорабинињо Гузаронидани машварат оид ба таљлили љашни Наврўз Интихоби Наврўзгоњ ва мувофиќ гардонидани он барои баргузории љашн Омодасозии шиору овезањои наврўзї

Муњлати иљро 16.02.2013

Масъулин маъмурият

16.02.2013

маъмурият

февралмарт

иттињодияи методии забон ва адабиёт, мудири хољагї роњбарони синфњо

Нашри газетањои деворї барои пешкаш то рўзи 20 намудани онњо ба озмуни «Наврўз, март марњабо!» Баргузории озмуни «Ѓазали наврўзї» 11.03.2013 омўзгорони фанни (ќироати ѓазалњои ба ин мавзўъ адабиёт бахшидашуда аз тарафи хонандагон) Ташкил намудани гўшаи «Намоиши 15.03.2013. китобдори мактаб китобњо ва маводњои наврўзї» Оростани «Намоиши осори Наврўз: аз ањди 21.03.2013 омўзгорони фанни бостон то имрўз» таърих Намоиши корњои амалї ва эљодии 21.03.2013. роњбарони синфњо, хонандагон омўзгорони фанни технология Гузаронидани озмуни «Маликаи Наврўз» 12.03.2013 раиси шўрои занон дар байни хонандагони синфњои 10-11 ва духтарони мактаб, муовини директор оид ба корњои беруназсинфї Озмуни иншои бењтарин дар мавзўи Дар љонишини «Тољикистон Ватани Наврўз аст» давоми директор оид ба моњи март таълим Гузаронидани мусобиќањои «Вазнбардорї», 21.03.2013 омўзгори варзиш «Бандкашї» ва «Дастхобонї» ва омодагии дифои њарбї Омодазоии барномаи театрикунонидашудаи То љонишини омўзгорон ва хонандагони мактаб зери 21.03.2013 директор оид ба унвони «Наврўзи дилафрўз» тарбия 18 март омўзгори санът ва Баргузории озмуни расми бењтарин дар мавзўи «Бањор» мењнат Таљлили љашни Наврўз ва намоиши 21.03.2013. маъмурият барномаи театрикунонидашудаи «Наврўзи дилафрўз» Гузаронидани конференсияи илмию адабї 16.03.2013 љонишини тањти унвони «Наврўз ва љанбањои илмии директор оид ба он» таълим Љамъбасти чорабинињои гузаронидашуда 23.03.2013 маъмурият

Сафаралї СОБИРОВ, директори мактаби раќами 10-и ноњияи Ёвон

4ТАЊСИЛОТ Масъалањои таљрибави чунин масъалањое мебошад, ки барои њалли онњо хонандагон аз таљрибаи баргузоршуда ё таљрибаи худ далелњо пайдо мекунанд ва дурустии њалли онњоро месанљанд. Дар ваќти њалли ин масъалањо хонандагон ќонуниятњои меомўхтаашонро дар њолати тамоман таљрибавию амалї ва сифатї мебинанд, ки дар он њар як бузургї њаќиќї буда, бевосита аз таљриба њосил шудааст. Ин масъалањо дар лањзањои гуногуни дарс: пеш аз баёни мавзўи нав, ваќти баёни мавзўъ барои асоснок намудани хулосаи назариявї, мустањкамкунї, инчунин, оброи машќњои синфии 15-20 даќиќагї, корњои беруназсинфї истифода бурда мешаванд. Методикаи њалли масъалањои таљрибавї чунин даврањоро дарбар мегирад: а) шиносої ба шарти масъала; б) тањлили шарти он; в) ченкунињо, њисобкунињо; г) бо роњи таљриба ва дањонї санљидани дурустии љавоб. Ба тариќи намуна њалли баъзе масъалањои таљрибавї ва дањониро дида мебароем: 1. Ду стакон ба микдори якхела об дорад, ки яке аз онњо бо оби гарм ва дигараш бо оби хунук пур карда шудааст. Ба стаканњо ба андозаи баробар хокаи перемарганат андохта, оби стаканњоро рангин мекунанд. Дар кадом стакон об

-маълумотнома оид ба узвияти хонандагон ба сафи СТ (вобаста ба љашну санањои таърихї ањамияти љумњуриявидошта); -иштирок дар семинару љаласањои машваратии доимо амалкунандаи вилоятї (шањрї ноњиявї). Маќоми олии СТ конференсияи Созмони талабагї (љумњуриявї, вилоятї, шањрї ва ноњиявї) буда, дар давоми 4 сол як маротиба гузаронида мешавад ва раиси Созмони талабагї (љумњуриявї, вилоятї,

СОЗМОНИ ТАЛАБАГЇ ВА ФАЪОЛИЯТИ ОН

Муассисањои тањсилоти иловагї бояд бањри бењтар ба роњ мондани кори созмон бо мактабњо алоќаи зич дошта бошанд, зеро бидуни њамкории маъмурияти мактаб, муаллимони фаннї, роњбарони синфњо, аъзоёни шўрои СТ кори ин созмон пеш намеравад. Аз ин рў, ба мушовирони муассисањои тањсилоти иловагї лозим аст, ки доир ба њалли ин масъала ба роњбарони СТ фањмонанд, ки онњо њаќќи талаб кардан доранд. Бисёр хуб мешуд, ки мушовирони СТ фаъолияти кори созмонро дар мактабњо омўхта, аз таљрибаи пешќадами онњо дар рўзномаву маљаллањои соња менавиштанд. Мактабњоро бо атрибутњои СТ таъмин кардан вазифаи муассисањои тањсилоти иловагї аст. Аз ин лињоз, раисони Созмони талабагиро лозим аст, ки барои дар сатњи зарурї ќарор гирифтани вазъи фаъолияти Созмон ба бењтар гардидани шароити кор ва фаъолияти мушовирон мусоидат намуда, назоратро бањри бартараф кардани камбудињои дар ин самт љойдошта чорањои мушаххас андешанд. Ба маќсади баланд бардоштани сатњи дониш ва малакаи корї иштироки мушовирон ва дигар мутасаддиёни Созмони талабагиро дар семинар ва љаласањои машваратї ва дастурдињанда бояд бо дастурњои методї таъмин намуд. Шўрои Созмони талабагї омили таъсиррасони тарбияи наврасон ба њисоб меравад ва он дар фаъол гардонидани хонандагон мавќеи муњимро ишѓол менамояд. Барои пурсамар ба роњ мондани кор дар мактаб ташкил намудани дафтар (кабинет)-и кории со-

змон ба маќсад мувофиќ аст. Ин дафтар дар айни замон маркази асосии ташкил ва гузаронидани чорабинињои он, љойи љамъомади фаъолон, кабинети роњбари созмон ва маркази корњои методии мутасаддиёни кори СТ ба њисоб меравад. Дар ин љо хонандагонро ба кори СТ љалб менамоянд ва дониши онњоро аз маълумотњои наву муосир ва шавќовар ѓанї гардонида, ба ташаккули маънавияти онњо мусоидат менамоянд. Коргоњи СТ бояд ба талаботи замон љавобгў бошад ва бо чунин таљњизот оро дода шавад: Расми И.Сомонї, тарљумаи њол бо шиори "Ба хизмати халќу Ватан бош тайёр!"; Ваъдаи тантанавї; Парчам; Шайпур ва наќќора; 28 намуди овезањо оид ба самтњои фаъолияти СТ; Парчамњои хурд бо назардошти зинањо барои гурўњњо, расаму овезањо: герб, нишон, парчам, матни гимн ва суруди "Дунёи миллат". Гўшаи методї иборат аз дастуру пешнињод, маќолањои илмї ва методї рољеъ ба самтњои фаъолияти СТ, рўзномаи СТ, китоби фахрї, дафтарчаи кисагии аъзои Созмони талабагї ва њуљљатгузорї ва њуљљатнигорї: -Низомнома (Оиннома); -Наќшаи корї; -Маълумотнома оид ба фаъолияти Созмон -Сохтори Созмон; -Маълумотнома оид ба шумораи аъзои зинаи СТ дар мактаб; -дафтари суњбату машваратњои методї; -иштирок дар чорабинињо; -њисоботи роњбарони СТ;

шањрї ва ноњиявї) аз бурду бохти Созмони талабагї њисобот медињад. Органи доимоамалкунандаи Созмони талабагї њисобот медињад. Органи доимо амалкунандаи Созмони талабагї шўрои СТ буда, дар оѓози соли хониш маљлиси њисоботї-интихоботї гузаронида мешавад ва дар он раиси шўрои СТ ва њайати шўро интихоб карда мешавад. Дар љамъомадњои шўрои СТ, ки дар се моњ як маротиба гузаронида мешаванд, масъалањои муњими СТ ва мушкилоти он баррасї гардида, њаллу фасл мешавад. Мушовирони СТ бояд дафтари ќайди машваратњоро барои роњбарони СТ дошта бошанд ва сари ваќт ёрии методї расонанд. Вазъи иќтисодї, яъне, камии маоши роњбарони СТ имкон намедињад, ки онњо бевосита ба маркази шањр ё ноњия рафтуомад кунанд, аз ин рў, бисёр хуб мешуд, ки дар њудуди љамъомадњо, мањалњои серањолї, ки чанд мактаб ба онњо шомиланд, дар мактаби базавї МТИ-њо ташкил карда, ин кори СТ-ии ин мактабњоро зери назорати худ гирифта, бо дастурњои методї таъмин менамуданд. Дар ин њолат фаъолияти СТ хеле пеш мерафт. Воќеан, кори СТ-ро муассисањои тањсилоти иловагї њам дар давоми соли хониш ва њам дар давраи таътили тобистона идома медињанд. МТИ-њо дар мавсими тобистон метавонанд дар истироњатгоњњои беруназшањрї мањфилњо ташкил намуда, кори СТ-ро хеле хуб ба роњ монанд. Ќ.ИМОМНАЗАРОВ, мудири шуъбаи њамоњангсозии МЉМТИ

МАСЪАЛАЊОИ ТАВАЉЉУЊБАРАНГЕЗ Њалли масъалањои таљрибавию амалї ва сифатї дар таълими физикаи синфњои 7-8.

тез рангин мешавад. Барои чї? Бо таљриба санљед! Љавоб: Стакони оби гармдошта тез рангин мешавад. Молекулањои оби гарм назар ба молекулањои оби хунук бо суръатњои калонтар њаракат мекунанд. 2. Вазни карасини дар зарфи шишагї бударо муайян кунед. Љавоб: Ба воситаи мензурка њаљми карасинро чен мекунем. Баъд аз рўи ин њаљм ва зичии карасин ёфта мешавад. Ба 9,8 нютон баробар будани 1 кг массаро дониста, вазни карасинро меёбем. 3.Дар болои миз панљ дона ѓўлачўб мављуд аст. Барои онњоро ба болои якдигар гузоштан кадом корро иљро кардан лозим меояд? Љавоб: Кори ба баландии муайян бардошташавии њар як ѓўлачўбро алоњида-алоњида ба воситаи динамометр њисоб карда, ќиматњои њосилшударо љамъ кардан лозим аст. 4. Ѓалтакро накушода, дарозии сими ба он печондашударо муайян кунед. Љавоб: Ба воситаи тарозу массаи њамаи ѓалтак ва массаи як метр симро меёбем. Массаи њамаи ѓалтакро ба массаи як метр сим таќсим карда, дарозии њамаи сими ѓалтакро маълум менамоем. 5. Аз баландие тўби бачагона меафтад. Динамометр, лентаи

ченкуниро истифода бурда, энергияи кинетикии тўбро дар ваќти ба фарши хона расидани тўб муайян кунед. Муќовимати њаворо ба њисоб нагиред. Љавоб: Энергияи кинетикии тўб ба энергияи потенсиалии он баробар мебошад. Энергияи потенсиалї ба њосили зарби вазни тўб ва баландие, ки аз он тўб меафтад, баробар аст. Барои инкишофи фаъолияти эљодии хонандагон дар дарсњо суолњои зеринро пешкаш мекунем, ки таваљљуњбарангезанд: 1. Чаро њангоми тормоздињии ногањонии автомобил садо шунида мешавад? 2. Чаро донаи гўгирдро дар сатњи ќуттї лаѓжонем, дона оташ мегирад? 3. Дар њавои хунук дастро чї тавр гарм кардан мумкин аст? 4. Собуни љомашўиро бо корд буридан осон ё бо ресмон? 5. Дар сатњи љисмњои суфта ва носуфта соиш як хел ба вуљуд меояд ё не? 6. Чаро аз ронандагони автомобил дар роњи яхбаста истифодаи эњтиёткоронаи тормозњоро талаб мекунанд? 7. Чаро шишаро аз сатњи шишаи дигар лаѓжонда гирифтан, нисбат ба бардошта гирифтан осон аст?

8. Дар кадом маврид ќувваи соиш зиёд аст: њангоми њаракати ѓўлача дар сатњи њамвор ё дар сатњи ноњамвор? 9.Чаро дар фасли зимистон дар роњ рег мепошанд? 10. Чаро таги пойафзолро дурушт месозанд? Ёфтани љавоби ин гуна саволњо хонандагонро бо усулњои пешгир карданї таъсири зараровари соиш дар техника шинос мекунад. Дараљаи дониш, малака ва маърифати хонандагон дар давоми соли тањсил бо усули гузаронидани корњои санљиши хаттии тестї санљида мешавад. Барои мисол, якчанд матни масъалањои кори санљиш №1-ро, ки барои синфи 7-ум ва 8-ум тартиб дода шудааст, пешнињод мекунем. 1. Дар кадом ваќт њаљми љисм хурд мешавад? а) Њангоми хурд шудани масофаи байни заррањо; б) Њангоми зиёд шудани масофаи байни заррањо; в) Њангоми бетаѓйир мондани масофаи байни заррањо. 2. Дар кадом моддањои дар поён нишондодашуда њодисаи диффузия (даррафт) суст ба амал меояд? а) Дар моеъњо; б) Дар љисмњои сахт;

в) Дар газњо; -Ашё ё њодисањоро аз рўи ягон зуњурот ё ягон муносибат муќоиса кардан мумкин аст. Мисоли №1. Барои чї бодиринг дар мањлули гарм назар ба хунук тезтар намакин мешавад? Мисоли №2. Сохти анбўри пањндандон ва анбўри мехбурро дида бароед. Ба воситаи кадоми ин асбобњо ба љисм бо якхел ќувва фишори калон додан мумкин аст? Чаро? Мисоли №3. Барои чї дар њавои хунук предметњои металлї назар ба чўбин хунуктар мешаванд? Њалли масъалањои таљрибавию амалї ва сифатї бо усули сода дар таълими фанни физика яке аз воситањои самарабахши ба хонандагон омўзонидани усули муќоиса мебошад. Аз тарафи дигар, истифодабарии муќоиса дар њалли масъалањои сифатї хонандагонро ба роњи дурусти њалли масъала мебарад. Њалли масъалањои сифатї бо роњи муќоиса хонандагонро ба њалли масъалањои миќдорї тайёр карда, барои дуруст сарфањм рафтан ба мазмуни физикии масъала кўмак мерасонад. Юсуф АМИНОВ, омўзгори фанни физикаи мактаби №10-и шањри Вањдат, Аълочии маорифи Тољикистон


МАКТАБДОРЇ

№8 22-юми феврали соли 2013

4ТАЊСИЛОТ Роњбарї кори бошараф ва пурифтихор аст. Роњбар дар хизмати мардум буда, масъулияти калон дорад. Илова бо он, роњбар бояд дониши васеъ, салоњият, одоб, рафтори комил дошта бошад, иззату икром, боварї, эњтироми тобеият ва шањрвандонро ба љо оварда тавонад, хушмуомила, оромтабиат, боинтизом, бозарофат, нављўю эљодкор ва хушкор дар либоспўшї, тозагию озодагї, зоњир ва ботин намуна бошад. Сухангўи хуб бошад ва ќоидањои забони адабиро риоя кунад. Маќсадро ба тобеон дуруст ва пурра фањмонда тавонад. Агар њамин ва дигар талаботро риоя ва иљро кунад, сифат ва самараи фаъолияташ хуб ва баракаташ дучанд мегардад ва мавќею маќомаш боло рафта, мањбуби њамкорон гардида метавонад. Олимону орифон дар ин равия суханони зиёд гуфтаанд. Роњбарони сохторњои низомии маорифи муосири мо бояд дониши баланди назариявї ва амалї дошта бошанд. Санадњои меъёрии њуќуќї, меъёрї, дастурї, илмї, методиро хуб донанд, мунтазам худомўзї кунанд, чунки онњо асосан намояндаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар њамаи муассисањои таълимї њисоб мешаванд. Равоншиноси машњури немис Курт Левин солњои 30-юми асри гузашта роњбаронро ба 3 гурўњ људо карда буд: авторитарї (њукмравої); демократї; либералї (бепарво). Дар тарзи роњбарии њукмравої (тоталитарї) роњбар бештар серташвиш, мушавваш, безобита, пуризтироб, бадќавоќ, чинабрў, зиќ ва оташин, озурда мешавад. Ба тобеон, хоњишмандон, шањрвандон дуруштї, нописандї, њавобаландї карда, худкомагї нишон медињад. Чунин роњбар сабаби ихтилофу зиддиятњо дар коллектив гардида метавонад… Тарзи роњбарии демократї (машваратї) асосан чунин муаррифї шудааст: роњбар бо тобеон њамкорї мекунад; фиристодани вакилонро ба маќомоти болоии идорї наѓз мебинад. Ба амалиёти мустаќилонаи тобеон бовар дорад: аз муносибаташ бадбинии гурўњњо ба якдигар камтар ба назар мерасад, норозигї, ихтилоф ва зиддиятњо нисбатан камтар рўй медињанд; муносибатњои хуби њамкорї, эљодї ва эњтироми якдигар дар коллектив ба назар мерасад. Вале дар рўзњои мо чунин корњо камтаранд. Роњбарони муассисањои таълимї имрўз бештар аз тарзи роњбарии њукмфармої истифода мебаранд. Тарзи роњбарии либералї (бепарво) чунин ба назар мерасад: ин роњбар аз ранљишу ихтилофњо метарсад. Кўшиш мекунад, ки масъулияти шахсиро ба зимма нагирад. Дар муошират бо тобеон якранг аст. Худтанќидкуниро наѓз мебинад. Бештар ба фикру аќидаи тобеон такя мекунад. Дар ваќтњои њавасмандкунї ва муљозот кардани тобеон аз ѓараз кор гирифта метавонад. Аз диди шахсии худ (бе тањлили фаъолияти тобеон) хулоса мебарорад. Дар чунин вазъият муносибатњои гурўњї чунин сурат гирифта метавонанд: дар ин роњбар нобоварї зиёд аст; маќсади муайян надорад; корњо аосан бо роњи худ љараён мегиранд; дар ин љо зиддият ва ихтилоф бештар рўй дода метавонад. Дар рўзњои мо роњбарони либерал кам нестанд… Дар натиљаи роњбарии ноду-

4ТАРБИЯ

руст масъалањое ба амал омада метавонанд, ки дар љараёни фаъолияти кормандон ва истењсолот мушкилї ба амал меоранд ва сабаби паст шудани сифати таълим ва дониши тањсилдидагии шогирдон гардида метавонад. Масалан, барои роњбар (ё роњбарон) -и сохторњои низоми маориф, бахусус, муассисањои таълимию тарбиявї, одоби муошират бисёр муњим аст: Яке онро дуруст намедонад, дигаре медонад, вале риоя намекунад; сеюмї умуман, ба ин эътибор њам намедињад: роњбари 4-ум вазифањои хизматии худро ќариб ки фаромўш мекунад; вазифањои худро ба љонишинонаш бор мекунад. Онњое, ки усули роњбарии худро такмил намедињанд, кам нестанд. Бештар ба кўмаки маќомоти мањаллии идории маориф

ихтилофу зиддиятњоро ба амал оварда метавонанд ва ба низоми кори мактаб халал ворид мекунад. Дар ин равия баъзе далелњоро ёдовар мешавем: њалли нодурусти масъалањо, дархосту мушкилоти тобеон, танќид ва хўрдагирии беасос, таќсими нодурусти сарбории таълимии муаллимон, нодурустии коркарду корбаст кардани љадвали дарсњои онњо, њавасмандгардонии онњо, ба назардошти бартарї додан ба "хешон", "дўстон", "њамшањрињо", "рафиќон", норозигию зиддиятро ба амал меорад. (афсўс, ки мо ин масъаларо ќариб ки намеомўзем ва тањрир намекунем). Имрўз роњбарон фаќат аз ин амал истифода мекунанд. Њатто,метавонанд, ки 15-20 нафар омўзгор, бахусус,

ва тобеон такя мекунанд. Роњбароне њам њастанд, ки дар набуданашон корњо ором, бењтар ва самарабахштар сурат мегиранд. Як роњбар аз кор ва вазъи он сухан мегўяд, роњбари дигар дар бораи мушкилињо мегўяд, дигаре ќариб чизе намегўяд ва аз вохўрї бо тобеон мегурезад, роњбари дигар кормандони фаъолро истифода мекунад ва ѓайра. Роњбар бо маќсади муайян ба аъзои коллектив бояд мурољиат кунад: яке ин корро гоњ-гоњ мекунад, дигаре аз ин амал мегурезад; сеюмї аз ин то он ваќт корро назорат мекунад, дигаре њаминро њам намекунад, намедонад ё намехоњад; як роњбар њангоми назорат бештар ба корњои хуб њам таваљљуњ мекунад, роњбари дигар фаќат камбудї мекобад. Амру фармоиши роњбар бояд асоснок бошад: яке аз уњдаи ин мебарояд, дигаре наметавонад. Амру фармоиши нодурусти роњбар тобеонро асабї мекунад, меранљонад ва зиддиятро зиёд мекунад. Чунин амалњо хело зиёданд, чунки бештари роњбарон маълумоти њуќуќии дуруст надоранд ва ба ќонуншиканї роњ медињанд. Илова ба ин, бештари муассисањои таълимї ќоидањои тартиботи дохилии мењнатро коркарду корбаст накардаанд… Роњбароне њам рўи коранд, ки масъаларо худашон њал мекунанд, гарчи дар бораи онњо маълумоти дуруст надоранд. Барои баъзеи онњо фарќ надорад, ки киро љонишин таъин мекунанд. Роњбароне њастанд, ки супориши зиёд медињанд ва дигар паси он намегарданд. Барои як роњбар интизоми мењнат масъалаи асосї аст, дигаре дар ин равия бепарвої зоњир мекунад. Роњбари оќил ва соњибтаљриба омўзгорони фаъолро дар идораи низоми таълим љалб мекунад, роњбари дигар дар ин кор бахилї мекунад. Њамаи ин дурустињою нољўрињо, ки зикрашон дар боло рафт ва баъзе масъалањое, ки аз суњбат берун мондаанд, сабаби ранљиши аъзои коллектив гардида,

нафаќахўронро аз кор пеш кунанд!! Мо бо кадрњо ба беэътиної роњ медињем: равоншиносе, ки аз ин фан дар як муассиса дарс мегуфт, забонро намедонад гуфта, аз кор ронданд. 15 сол шуд, ки равоншиноси њаќиќї ёфта наметавонанд. Роњбари нав рўи кор омад ва њамзамон, ба доктори илмњои педагогї часпид (рўњашон шод бод), он кас ранљида аз кор рафтанд. Кафедраи педагогика то имрўз соњиби худро наёфтааст… Агар хато накунам, одати бештари омўзгорони мо чунон шудааст, ки ба чизе ё ба коре розї набошанд, овоз баланд намекунанд. Вале хомўшона эътироз мекунанд, вонамуд мекунанд, ки асосан розиянд, фармудаи роњбаронро навишта мегиранд, вале иљро намекунанд, ташаббус нишон намедињанд, баъзан ба њатулкорї роњ медињанд... Умуман, сабабњои ранљиши омўзгорон зиёд буда метавонад: камии музди мењнат, беэњтиромию беэътиної аз тарафи баъзе ташкилоту муассисањо, набудани муоширати номуназзами касбї дар байни њамкорон, бад будани фазои корї ва нокифоягии муносибатњои байнињамдигарї дар коллектив; эътироф карда натавонистани муваффаќияти якдигар; гузаронидани назорату санљишњои нољо ва ѓаразнок; нодидани самаранокии фаъолияти худ; огоњии дуруст надоштан аз навгонињо, камии ваќту имконияти худомўзї ва баланд бардоштани мањорати касбї; норасоии маводи таълим ва воситањои таълимї, адабиёти илмї, методї, дидактикї ва боз дањњо масъалањои дигар… Кормандони маќомоти идории маориф, нозирон, мушовирон, роњбарони сохторњои соња, хусусан, муассисањои таълимї вазифадоранд, ки ба ин масъалањо эътибор дињанд, омўзанд, тањлил кунанд, ёрї расонанд ва тадбир љўянд… Њ. ИСКАНДАРОВ, собиќадори маориф

Тарбияи фикрї яке аз муњимтарин пањлўњои кор дар мактаби муосир аст. Он бояд дар хонандагон майлу хоњиши донишандўзиро пайдо карда, ќобилияти эљодкорї, инкишофи зењнї, ташаккули љањонбинї ва малакаю мањоратро рушд бахшида тавонад. Тарбияи фикрї дар раванди таълим сурат мегирад.

ба миёнгузошта водор карда тавонад. Тарбияи фикрї дар раванди таълим њамон ваќт ба амал бароварда мешавад, ки агар муаллим дар љараёни дарс вазъияти љустуљўйиро ба вуљуд оварда, ќобилияти фикрии хонандагонро инкишоф дода тавонад; шавќу њаваси хонандагонро ба донишандўзї, љустуљўи эљодї бедор, майлу хоњиш ва раѓбату таваљљуњи онњоро ба илмомўзї афзун намояд; малакањои фикрронї, хулосабарорї, тањлилу натиљагирии хонандагонро ташаккул дињад. Дар натиља хонанда ба њодиса ва воќеањои атроф, амалиёти ќањрамонони асари бадеї воќеъбинона ва эљодкорона бањо дода, дониши назариявиро дар амалия татбиќ карда, хулосањои асосноки илмї баро-

Замон барои иљрои њадафоки ин кор дар назди омўзгор вазифањои нав ба нав мегузорад, ки муњимтарини онњо аз ќолибњои якрангу усулњои анъанавї даст кашида, аз усулњои интерактивї истифода бурдан аст. Њангоми таълим омўзгор бояд барои хонанда муњити эљодї, тадќиќотї, љустуљўї фароњам оварда тавонад. Барои татбиќи тарбияи фикрї як ќатор омилњоро ба кор бурдан мувофиќи маќсад аст. Чунончи, хонанда дар муњити эљодї бошад; муаллим неруи интеллектуалии хонандагонро ба кашф ва бозёфти донишњои нав равона карда тавонад; хонанда тавонад, ки ба дарёфти дониши нав, чизи нав ноил гардад ва онро дар шароити дигар, бо тарзи дигар низ ба кор барад. Тарбияи фикрї худ аз худ не, балки дар натиљаи љустуљўи эљодии омўзгор, истифода аз усулњои фаъоли таълим ва саволњои ташаккулдињандаи аќлу зењн пайдо мешавад. Яъне, муаллим бояд аз усулњои њавасмандгардонї, фаъолияти эљодї, ташаккули малакаю мањорат, тадќиќотї, водорсозї, татбиќкунї, проблемагузорї истифода барад. Истифодаи ин усулњои таълим дарсро бойю рангинтар гардонида, дар инкишофи фаъолияти фикрии хонанда, љалби диќќат ва ангезиши зењну хотираи ў мусоидат менамояд. Муаллим хонандаро бояд ба фикр кардан ва њалли масъалаи

варда метавонад. Дониста исбот кардан ва исбот карда тавонистан аз хонанда дониши мукаммал ва љањонбинии васеъро таќозо дорад. Тарбия бояд тавре сурат гирад, ки хонанда барои исботи фикраш далел оварда тавонад, далеле, ки љињати илмї дошта бошад. Њангоми наќли мавзўъ ба чизњои майда-чуйда ањамият надода, балки ба њодисаю воќеањои муњими он таваљљуњ зоњир намояд ва бо дарки маънї хулосаи мантиќї бароварда тавонад. Матнњои хурдхурдро такмил ва таѓйир дињад. Яъне, хонанда донишњои мављудаи худро бо маълумоти љадид ва илман асоснок ѓанї гардонад ва он донишу маълумоти ба даст овардаашро ба низом дароварда, дар њаёт татбиќ карда тавонад. Омўзгор ба он кўшад, ки шогирдаш аз хулосабарорињои индуктивї (аз љузъ ба кулл) ва дедуктивї (аз кулл ба љузъ) истифода барад. Зеро ин усули таълим имкон медињад, ки хонанда фикр кунад, андеша ронад, эљод намояд, нутќ, зењн, ќобилият, малака ва мањораташро такмил дињад. Бањри ба ин њадафњо ноил шудан муаллимро мебояд њамќадами замон бошад ва аз техника ва технологияи љадиди таълим эљодкорона истифода барад. Б. ЊАЙДАРОВ, сармутахассиси Маркази љумњуриявии таълимию методї

4ХАБАР

МАДАД БА МАКТАБ Бањри дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Президенти мамлакат, оид ба дастгирии муассисањои таълимї аз тарафи иттињодияњои динии ноњияи Восеъ як ќатор амалњои хайрияе ба анљом расонида шуданд. Аз љумла, имомхатибони масљиди љомеи шањраки Восеъ, дењањои Ќурбоншањид, Гулистон ва Њулбук ба мактабњои № 1, 4, 12, 17, 54 ва 56 аз маблаѓи худ як компютерї харидорї намуда, ба толибилмон туњфа намуд. Сархатиби ноњия Њољї Убайдулло Њасанзода иброз дошт : - Ният дорем, ки ин иќдоми хайриявиро минбаъд њам идома дињем ва дар рўзњои иди байналмилалии Наврўз аз рўи имкон ба муассисањои таълимии ниёзманди ноњия кўмаки моддии худро дареѓ надорем.

ОЗМУНИ ТАРАННУМИ ШЕЪРИ ЊАЌНАЗАР Ба ифтихори 50 -солагии фаъолияти эљодии Шоири халќии Тољикистон Њаќназар Ѓоиб дар шањри Кўлоб озмуни "Њаќназархонї" дар байни толибилмони муассисањои таълимї баргузор гардид. Иштирокчиёни озмун аз мактабњои тањсилоти миёнаи умумии № 1,7,8,9,58 ва 51 хеле хуб баромад карда бо дониши хубу аъло ва љавобњои сањењи худ табъи њамагонро шод намуданд. Шариф АБДУЛЊАМИД, " ОМЎЗГОР"


МАКТАБИ ОЛЇ

№8 22-юми феврали соли 2013

4НИЗОМИ КРЕДИТЇ Аз оѓози соли тањсили 2005-2006 Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон (ДДТТ) ва Донишгоњи технологии Тољикистон њамчун донишгоњњои таљрибавї ба низоми кредитии тањсилот гузаштанд. Дар ДДТТ курсњои якум аз ихтисосњои иќтисодиёти љањон ва њуќуќ ба низоми кредитии тањсилот гузаронида шуданд. Барои гузариш ба ин низоми нави тањсилот тамоми њуљљатњои меъёрию њуќуќї, аз љумла, низомнома, наќшањои таълим аз рўи ихтисосњо, шаклњои вараќањои имтињонотии рейтингї ва љамъбастї, намунаи њуљљатњои баќайдгирии донишљўён ва устодон тањия гардиданд. Дар соли аввали гузариш ба низоми нави тањсилот њам устодон ва њам донишљўён аз сабаби хуб дарк накардани талаботу нозукии ин низом ба душворињо дучор гардиданд. Давомоти донишљўён ва дараљаи донишандўзии онњо дар натиљаи дуруст ба роњ мондани бањисобгирї ва назорати ќабули имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1 ва 2) ва љамъбастї бо тарзи хаттї бењтар гардид. Тањлили натиљањои соли аввали тањсил тибќи низоми кредитии тањсилот нишон дод, ки истифодаи ин низом дар сурати риояи талаботи зерин болоравии сифати таълимро таъмин карда метавонад: ¨ автоматикунонии љараёни баќайдгирии донишљўён ва устодон, натиљањои имтињоноти љорї, фосилавї ва љамъбастї; ¨ таъмин намудани донишљўён бо комплексњои таълимї-методї аз тамоми фанњои омўхташаванда дар шакли чопї ва электронї; ¨ таъмини бањогузории объективона

ба дараљаи дониши донишљўён дар имтињонњои фосилавї ва љамъбастї; ¨ риояи талаботи дар силлабус дарљёфта аз љониби устодон; ¨ истифодаи шаклњои интерактивии омўзиш дар љараёни таълим, аз он љумла, дарс-лексия, бозињои касбї, мањфилњои фаннї - њамчун машѓулияти мустаќилона, семинарњои проблемавї, мизи мудаввар, њалли масъалањои ситуатсионї ва ѓайрањо; ¨ таъмини кафедрањо бо устодони штатї бо маќсади фароњам овардани ша-

Таљрибаи Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон доир ба татбиќи самарабахши низоми кредитии тањсилоти аврупої дар рисолањои илмии чанде аз олимону устодони донишгоњ арзёбї ва тањлилу љамъбаст гардиданд. Дар ДДТТ ба иљрои корњои илмї-тадќиќотии донишљўён дар низоми кредитии тањсилот ањамияти љиддї дода мешавад. Бо ин маќсад, дар назди кафедрањои донишгоњ сексияњои илмї-тадќиќотї, таълимї-тадќиќотї ва мањфилњои фаннї фаъолият менамоянд. Дар кори ин сексияю мањфилњо донишљўёни болаёќати гурўњњои таълимї аз њамаи ихтисосњои донишгоњ љалб карда шудаанд ва тибќи наќшаи корњои илмии устодони кафед-

ВУРУД БА ФАЗОИ ЯГОНАИ ТАЊСИЛОТИ ЉАЊОНЇ Низоми кредитии тањсилот водор месозад, ки њам донишљў ва њам устод њамеша дар љустуљў бошанд ва њар чї бештар аз васоити таълимию методї ва технологияњои иттилоотиву коммуникатсионии муосир истифода намоянд.

Эмомалї РАЊМОН

роит барои интихоби устод аз тарафи донишљў; ¨ ташкили низоми њавасмандгардонии устодон ва донишљўён вобаста ба натиљаи фаъолият ва донишандўзии онњо; ¨ ба иљрои корњои илмї-тадќиќотї љалб намудани донишљўён. Соли тањсили 2006-2007 курсњои якуми факултети иќтисодиёт ва менељмент ва соли тањсили 2007-2008 курсњои якуми факултети тиљорат ва гумрук ба низоми кредитии тањсилот гузаронида шуданд. Њоло дар њамаи факултетњои донишгоњ таълим тибќи ин низом сурат гирифта истодааст. Аз оѓози соли тањсили 2006-2007 бо маќсади таъмини болоравии сифати таълим ќисме аз талаботи дар боло дарљёфта бо кўшиши раёсати донишгоњ, кафедраю факултетњо ва устодони донишгоњ њалли худро ёфтанд: 1. Офиси баќайдгиранда ба маркази баќайдгирї ва машварат табдил дода

4ОМЎЗИШ Барои ба вазъи кунунии идоракунии кадрњои муассиаи тањсилоти олї Осиёи Марказї шинос шудан бо ташаббуси барномаи Иттињоди Аврупо - Темпус моњи октябри соли 2012 дар Донишгоњи давлатии иќтисодии Тошканди Љумњурии Ўзбекистон семинари минтаќавї доир ба мавзўи "Идоракунии захирањои кадрии соњаи тањсилоти олї" баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Вазоратњои маориф, омўзгорони муассисањои тањсилоти олї, ректорону деканњо, коршиносон аз љумњурињои Осиёи Марказї, инчунин, намояндагони Комиссияи Иттињоди Аврупо доир ба Агентии иљроия оид ба маориф, воситањои аудиовизуалї ва фарњанг ширкат варзиданд. Аз ЉТ низ 9 нафар аз муассисањои тањсилоти олї дафтари миллии Темпус, Вазорати маориф дар кори он фаъолона ширкат намуданд. Маќсади семинар пешнињоди натиљањои тадќиќот дар чањорчўбаи барномаи Темпус доир ба мавзўи "Идоракунии захирањои кадрї дар соњаи тањсилоти олии давлатї" буд. Семинар имкон дод, ки иштирокдорон аз таљрибаи намояндагони мамолики Осиёи Марказї, яъне мамолики шарики Темпус, аз навгонињо доир ба ин мавзўъ маълумот гиранд. Идоракунии захирањои кадрї яке аз умдатарин масоили муассисањои тањсилоти олї дар тамоми дунё ба њисоб меравад. Ин муассисањо ба идоракунии захирањои кадрие эњтиёљ доранд, ки барои пешрафти фаъолияти корї ва маснадии коркунони онњо мусоидат

шуд. Дар барномае, ки бо забони барномасозии Access cохта шудааст, љараёни баќайдгирии устодон ва донишљўён, инчунин, њисобкунии натиљаи имтињонњои фосилавї (рейтингњои якум ва дуюм) ва имтињонњои љамъбастї пурра автоматї кунонида шуд; 2. Риояи талаботи силлабусњо аз љониби устодон таъмин гардид; 3. Бо маќсади таъмини бањогузории объективона рейтингњои фосилавї ва имтињонњои љамъбастї аз фанњои омухташаванда ба тарзи хаттї (тестї), бо истифодаи тестњои комбиниронидашуда ба роњ монда шуд; 4. Донишљўён аз фанњои таълимї бо китобњои дарсї, комплексњои таълимї-

методї, васоити таълимї, дастурњои таълимию методї дар шакли чопї ва электронї таъмин карда шуданд; 5. Дар донишгоњ барои донишљўён бо маќсади дарёфт намудани адабиёти илмї, илмї-методї ва инчунин, ворид намудани матнњои лексияњои устодон ба компютерњо китобхонаи электронї таъсис дода шуд ва он мавриди истифода ќарор дорад. Дар Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон бањри татбиќи самарабахши низоми кредитии тањсилоти аврупої шароити зарурї муњаё карда шудааст. Бо маќсади фањмонидани талаботу нозукињои низоми кредитии тањсилоти аврупої дар назди департаменти таълим семинари илмї-методии доимамалкунанда таъсис дода шуд. Дар маљлисњои ин семинар доир ба љабњањои гуногуни низоми кредитии тањсилот маърўзањои илмїметодї мавриди муњокима ќарор мегиранд.

рањо ба иљрои корњои илмї-тадќиќотї машѓуланд. Сол аз сол сатњи дониши донишљўёни тибќи низоми кредитї тањсилкунанда баланд гардида, онњо дар озмунњои љумњуриявї ѓолибият ба даст оварда истодаанд. Њоло як ќатор хатмкунандањои ДДТТ магистратураро дар кишварњои хориљї хатм намуда, дар донишгоњ ба њайси устодони кафедрањо кор ва рисолањои номзадии худро барои дифоъ омода карда истодаанд. Њамин тариќ, Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар татбиќи босамари низоми кредитии тањсилот ва ворид гардидан ба фазои ягонаи тањсилоти љањонї ба комёбињои назаррас соњиб гардидааст.

кониятњои он барои рушди минбаъдаи маснадї, факторњои муњим барои љалб ва нигоњдории њайати баландихтисоси академї). Идоракунии захирањои кадрї - њайати маъмурї ва техникї (њангоми ќабули ин категорияи коркунон ба онњо ањамияти махсус додан зарур аст. Барои рушди болоравии касбии онњо бояд шароити муносиб фароњам овард). Идоракунии захирањои

Осиёи Марказї яке аз масоили умдатарин барои ислоњоти муассисањо ба шумор меравад. Дар шароити бўњрони иќтисодї зарур аст, ки аз захирањои

кадрї - ректорону деканњо (звенои роњбарикунанда дар љараёни рушд, ба наќшагирии стратегї ва муосиркунонии муассисањои тањсилоти олї наќши калидиро мебозад. Барои њамин њам идоракунии кадрњои роњбарикунанда барои таъмини бомуваффаќияти ин муассисањо ањамияти калон доранд. Сиёсат ва ислоњоти идоракунии захирањои кадрї (Доир ба ин мавзўъ ќайд карда шуд, ки консепсияи идоракунии захирањои кадрї ѓайр аз масоили дар боло зикргардида, инчунин, бояд усулњои хоси стратегиро њам дар сатњи донишгоњї ва њам дар сатњи миллї дар бар гирад. Чунин масоил, ба монанди наќшаи тањсилот, њавасмандгардонї ва мукофот, арзёбї ва рушди кадрњо, њамчунин, ба наќшагирии талаботи оянда доир ба кадрњо бояд як ќисмати комплексии стратегии идоракунии захирањои кадрї бошад. Доир ба ин масъала, аз таљрибаи донишгоњњои Аврупо мисолњои муфид оварда шуданд). Маќсад аз ёдоварии семинари мазкур он аст, ки идоракунии захирањои кадрї дар муассисањои тањсилоти олии ЉТ низ монанди дигар љумњурињои

кадрї самаранок истифода бурд. Кадрњо метавонанд боиси пешравї ва инчунин, нокомињои муассисањо гарданд. Бояд ќайд кард, ки њайати профессорону омўзгорон барои муосиркунонии тањсилоти олї наќши хеле бузургро мебозанд. Имрўзњо барои идоракунии њайати омўзгорон чор масоили асосї мављуданд: синну сол, кадрњои баландихтисос, сохтори хизматї ва пардохти музди мењнат. Њар яке аз ин масоил назорати махсусро аз тарафи маъмурият талаб мекунад ва барои кор карда баромадани принсипњои њалли онњо бояд таваљљуњ кард. Њамин тавр, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори мењнат раќобатпазир бар дўши муассисањои тањсилоти олї мемонад. Дар охир њаминро бояд ќайд кард, ки семинари минтаќавии Тошканд ба мо маълумоту тавсияњои хеле љолиби диќќат дод, ки мо метавонем онњоро дар донишгоњњои худ татбиќ намоем.

идоракунии захирањои кадрї менамоянд. Њамчунин, дар стратегияњои миллї дарљ ёфтани масоили дастгирии муассисањои тањсилоти олї доир ба кор ќабул намудан, њавасмандгардонї ва нигоњ доштани мутахассисони ихтисоснок хеле зарур аст. Бояд њаминро ќайд кард, ки низоми тањсилоти олї дар мамолики шарики барномаи Темпус ба душворињое дучор меоянд, ки бо захирањои кадрї алоќаманданд. Дар соли 2011 ду нафар коршиносони мустаќил Флора Дюбош ва Мария Кело доир ба мавзўи "Идоракунии захирањои кадрї дар соњаи тањсилоти олї дар мамолики шарики барномаи Темпус" тадќиќот гузарониданд. Онњо доир ба ин мавзўъ дар минтаќањои Осиёи Марказї, Аврупои Шарќї, Маѓриб, Шарќи Наздик ва Балкани Ѓарбї корро ба анљом расонданд ва хулосањои худро ба Комиссияи Иттињоди Аврупо пешнињод намуданд. Дар ин семинар мавзўъњои зерин мавриди баррасї ва муњокимаронињо гардиданд: Идоракунии захирањои кадрї - њайати академикї (тартиб ва критерияњо њангоми ба кор ќабулкунии њайати академикї, шартњои шартномаи ќабул ва им-

Барот ГАДОЕВ, устоди Донишгоњи миллии Тољикистон

Њамид МАЉИДОВ, Арбоби илм ва техникаи Тољикистон, профессор, Рањмоналї МИРЗОЕВ, номзади илмњои педагогї, дотсент

4НОМА БА ЊАФТАНОМА Ба таваљљуњи корхонаи фаръии КВД «Почтаи тољик» дар вилояти Суѓд

НА ОН ЌАДАР "ЌАНОАТМАНДЇ"

Дар шумораи №52 (аз 28.12.2012)-и њафтаномаи "Омўзгор" маќолаеро бо номи "Ќаноатмандї аз хизмати шуъбањои алоќа"-ро хонда њайрон мондам. Он љо сухан аз хизмати шуъбањои ноњияњои Ашту Мастчоњ меравад. Банда муштарии доимии њафтанома њастам. Њаќиќатан њам, хизматрасонии шуъбаи алоќаи ноњияи Мастчоњ солњои охир хуб шудаасту лекин як "аммо" дорад. Муаммои "аммо" он аст, ки нашрияњоро хеле дер дастрас мекунанд. Ба њамагон маълум аст, ки тамоми њафтаномањои мустаќилу давлатї рўзњои панљшанбею љумъа аз чоп мебароянд. Аллакай намояндагони нашрияњои мустаќил дар рўзи шанбе, дар калонтарин маркази ањолинишини ноњияи Мастчоњ љамоати Оббурдан њафтаномањои худро ба маърази фурўш мегузоранд. Њаводорон аз нашрияњои "СССР", "Тољикистон", "Фараж" ва дигарњо харидорї мекунанд. Аммо нашрияњои давлатї, ба вижа, њафтаномаи "Омўзгор" хеле дер ба дастамон мерасад. Баъзан 3-4 шуморањоро якљоя карда, оварда медињанд. Оид ба ин ќазия, банда ба сардори идораи шуъбаи алоќаи ноњияамон Латофат Давлатова мурољиат намудам. Мавсуф посухам доданд, ки њафтаномањоро аз маркази вилоят хеле дер мефиристонанд. Ин айби онњост, на айби мо. То кадом дараља дуруст будани ин посухро ба виљдони масъулин њавола мекунем. Лекин муњимаш барои мо он аст, ки нашрияњои обунашудаамонро сариваќт дастрасамон кунанд. Ваќте ки ин сатрњоро иншо мекардам (26.01.2013), аз шуморањои "Омўзгор" соли нав танњо раќами 1 (аз 4.01.2013) дастрасам буду халос. Раљаб МАЛИКЗОДА, омўзгори мактаби №26, ноњияи Мастчоњ


ТАЉРИБА

№8 22-юми феврали соли 2013

4ГЕОГРАФИЯ Бо супориши сармуњаррири њафтанома роњи мактаби миёнаи №51-и ноњияи Рўдакиро пеш гирифтам. Њадаф тањия ва таълифи як дарси замони муосир дар мактаб мањсуб меёфт. Дар дарси муаллими фанни география, устоди варзидаю фозил (мавсуф ба ман низ њаќќи устодї дорад) Мањмудхон Убайдов иштирок карда, мушоњидањоямро айнан, бе њељ таѓйироту дигаргунї рўи сафња орам. Соати дуюм ба машѓулияти устод, ки аз фанни география дар синфи 7 "а" мегузашт, хоњиши ширкат карданро ба муаллим баён доштам. Бо ризоияти эшон ба синфхона ворид гардидем, ки он вазифаи кабинети фанни географияро иљро мекард. Муаллим хонандагонро ба 4 гурўњ људо карда, харитаи табиии љањонро ба девор овехт. Сипас, ба тарзи саволу љавоб аз шогирдон мавзўи гузаштаро пурсон гардид. Ба суолњо, ки "Чанд шакли релеф мављуд аст?" ва "Кўњи дарозтарини материк кадом аст?" хонандагон Ганљина ва Саидањмад посухњои сањењу мушаххас доданд. Аз љумла, Ганљина фањмонд, ки ду шакли релеф мављуд мебошад. Саидањмад тавзењ дод, ки кўњи дарозтарини материки Америкаи Љанубї кўњи Анд ба шумор меравад. Хонандагони дигар ба назди тахтаи синф баромада, аз харита ќуллањои баландтаринро дарёфта, нишон доданд. Њамчунин перомуни њодисањои табиї ва хатари онњо ба ањолии минтаќа маълумот доданд. Муаллими пуртаљриба дар вараќи сафеде, ки њарфњоро ба таври ребус сабт карда буд, номи мавзўи навро ба хонандагон пешнињод кард. Шогирдони тезњушу доно њарфњоро ба таври муназзам љо ба љо гузошта, номи мавзўъро дарёфтанд: "Релеф ва сарватњои зеризаминї". М.Убайдов шарњу тафсири мавзўи љадидро бо рўњияи баланд, орому самимона оѓоз кард. Таљрибаи фаровон, дониши мукаммалу њаматарафа ва истифода аз усулу шевањои муосири тадрис ба ў имкон медоданд, ки озодона ва бе њељ садду монеа ва мушкилї нуктањои асосии мавзўъро ба самъи хонандагон расонад. Ў маълумот дод, ки дар релефи Амрикои Љанубї ду ќисм фарќ мекунад. Тарафи шарќиро њамворињо ишѓол карда, дар Ѓарб силсилаи кўњњои Анд тўл кашидаанд. Пасон муаллим сабабњои пайдоиши кўњи Анд ва баландшавии онро шарњ дода, афзуд, ки дар ин кўњ зилзила ва оташфишонии вулќонњо зуд-зуд рўй медињанд. Зилзилањои харобиовар дар кўњњои Анд солњои 1960, 1970 ва 1985 рух дода буданд. Бо чолокие, ки хоси муаллим мебошад, дар тахтаи синф наќшаи релефи материкро дар шакли кластер тартиб дод, ки ба гунаи зер аст:

Дарси география дар синфи 7 ба њар гурўњ дарњол вараќањои супориширо таќсим кард, ки дар муддати кўтоњ мебоист хонандагон ба суолњо љавоб гўянд. Ба шогирдон иљозат дода шуд, ки аз атлас, китоби дарсї ва глобус истифода баранд. Суолњо чунин буданд: 1. Дар материк кадом сарватњои зеризаминї дида мешаванд? 2. Аз рўи расми 41-и китоби дарсї симои зоњирии кўњи Андро тартиб дињед. 3. Ќуллањои баландтарини материкро муайян кунед. 4. Зарари њодисањои табиї ба ањолї ва хољагии халќ. Аз гурўњи якум Фазлиддин љавоб дода, иброз дошт, ки дар Амрикои љанубї сарватњои нафту газ, конњои калони мис, оњан, манган, боксит, металлњои нодиру ашёи хоми оптикї, инчунин тилло, нуќра, волфрам, симоб, алмос, сулфур ва ѓайра мављуд мебошанд. Шањодат аз гурўњи дуюм ба суоли дигар посух дода гуфт, ки кўњњои Анд аз адир, кўл, сабзаву растанињои алафї ва дарахтон иборат мебошад. Мањина ба ин љавоб илова кард, ки ќуллаи кўњњои Андро барфњои доимї ва пиряхњо пўшидаанд. Ба саволи сеюм Ганљина чунин љавоб дод, ки "Ќуллаи баландтарини кўњи Анд Аконкагуа мебошад, ки 6960 метр мебошад. Аз гурўњи чорум Нилуфар ба суоли "Ба ањолї ва хољагии халќ њодисањои табиї чї зарар мерасонанд?" посух дод, ки шамол, заминљунбї ва вулќонњо рух медињанд, замин фурў меравад, хонањо ва манзилњои истиќомати вайрон мешаванд. Яке аз њамин гуна заминљунбињое, ки боиси офату харобињои зиёде гардидааст, заминларзаест, ки дар Чили рух додааст, мебошад. Муаллим суол дар миён гузошт, ки кўњњои Анд ќадимиянд ё љавон? Исмоил гуфт, ки ќадимиянд. Дар њамин њол, Зулњия хатоии ўро ислоњ карда, шарњ дод, ки баръакс, ин кўњњо хеле љавонанд. Баъд муаллим супоришњои тестро ба гурўњњо пешнињод намуд. 1. Чаро дар ќисми шарќии материки Амрикои Љанубї зилзила ба амал намеояд? а) Барои он ки он љо њамвор аст. б) Тањкурсии он аз платформа иборат аст. в) Кўњњои љавон мављуд нест. г) Вулќонњо оташфишонї намекунанд. 2. Кадоме аз ин сарватњои табиї дар кўњњои Анд дида мешавад? Аломати "ња" ва ё "не" гузоред.

не ња

нуќра не

Ња

алмос

симоб ќалъагї

Гвиана

Анд

Кўњњо

Шаклњо и релеф

Бразилия

Пастињо

Баъдан муаллим ба шогирдон супориш дод, то аз атлас ва глобус, ки дар назди хонандагон гузошта буд, истифода бурда, кўњњои Америкаи Љанубиро ёбанд. Ба зудї хонандагон кўњњоро ёфта, номбар карданд: Кўњњои Анд, пањнкўњи Бразилия ва кўњи Гвиана. Дар наќшаи боло номи кўњњои мазкур илова карда шуд. Ќайд гардид, ки пастии аз њама дарозтарин дар материк пастии Амазонка мањсуб меёбад. Муаллим ба ќисмати дигари љолиб дар дарс, ки ангезиши зењн ном дорад, рў оварда,

3. Кўњи Анд чї маъно дорад? а) Кўњи баланд б) Кўњи дароз в) Кўњи мисдор г) Кўњи серљангал 4. Њодисањои ….. ба монанди …… ба …….. зарари калон мерасонанд. Гурўњњо баъди фикру андеша ва дарёфти маълумот аз китоб ба тамоми суолњои тестї љавобњои боварибахш доданд. Аз љумла, онњо шарњ доданд, ки номи кўњи Анд аз калимаи "анта" гирифта шуда, маънояш кўњњои мисдор мебошад. Дар кўњи Анд сарватњои нодири ќалъагї ва нуќра дида мешаванд. Ба саволи он ки чаро дар ќисми шарќии материк зилзила ба амал намеояд, хонандагон љавоб доданд, ки ин ба он сабаб мебошад, ки тањкурсии материк аз платформа иборат аст. Муаллим пас аз хатми суолу љавоб ба

хонандагон супориш дод, ки харитањои контуриро кушода, дар он номи кўњњоро дар Америкаи Љанубї навишта, ишорат кунанд. (Масалан, кўњи Анд, Гвиана ва пањнкўњи Бразилия). Њамчунин устоди њунарманд ба хонандагон маълумоти навро, ки аз њафтаномаи "Омўзгор" дастрас карда буд, тавзењ дода гуфт, ки дарси гузашта фањмонда будем, ки ќитъаи Америкаро сайёњ Америго Веспуччи ва Христофор Колумб кашф кардаанд. Аммо тибќи маълумоти "Омўзгор" аён мегардад, ки бори аввал аз мављудияти як чунин сарзамин сайёњи скандинавиягї Лейф Эрриксон хабар дода будааст. Ин иттилои навини илмиро хонандагон дар дафтарњои худ сабт намуданд. Ќисмати мустањкамкунии дарс низ хеле љолиб буд. Ба љуз суолњое, ки аз мавзўи нав ба хонандагон пешнињод гардид, инчунин аз дарсњои пешин низ пурсишњо гузаронида шуд, ки доир ба ќитъањои олам, уќёнусњо ва ќутбњои Замин сурат мегирифт. Дар хатми дарс муаллим супориши вазифаи хонагиро эълон намуда, дар тахтаи синф навишт: 1. Навиштани њикояи хурд дар бораи кўњ, 2. Дар харитањои контурї ќуллаи баландтарини Аконкагуа ва вулќонњоро бо ќалам ишора намудан.

3. Мавзўи "Релеф ва сарватњои зеризаминї"-ро, ки дар сањифањои 147-149-и китоби дарсї љойгир шудааст, амиќан мутолиа кардан ба њисоб мерафт. Мањмудхон Убайдов ба фаъолияти пурсамари гурўњњои якум ва чорум (ному насаби хонандагон ќайд карда шуд) бањои баланд дода, зимнан аз камљуръатї ва карахтии иддае аз шогирдон, хусусан писарон изњори нигаронї кард. Пас аз фарљоми дарс муаллими шинохта ва бомањорат М.Убайдов иброз дошт, ки маќсади асосии дарси ман инкишофи дониши хонандагон оид ба релеф ва сарватњои табиии Америкаи Љанубї ба шумор мерафт. Ба таври мушаххас бояд хонандагон шаклњои релефи ин материкро муайян карда тавонанд, ќуллањои баландтарини онро аз руи харита ёбанд. Илова бар ин, њодисањои табиї ва хатари онњоро ба ањолї баён карда тавонанд. Бо истифода аз усули ангезиши зењн, корњои фардию гуруњї ва аз рўи харита ва глобусу вараќчањои тестї банда тавонистам, ки ба њадафи нињоии хеш бирасам. Танњо камбудї он буд, ки барќ мављуд набуд, вагарна аз компютер ва лавњаи электронї истифода мебурдам, - гуфт муаллим. Вале бо вуљуди ин, аз назари мо, дарси муаллим хеле љолиб ва замонавї гузашт. Мањорати устод М.Убайдов дар он зоњир мегардад, ки 45 даќиќаи мављударо устокорона ба фосилањо људо карда, мавзўи навро дар њамбастагї бо фаъолияти мустаќилонаи худи хонандагон баррасї намуд. Яъне, мавсуф умуман аз шеваи якнавохту дилбазани лексионї кор нагирифт, ки шоистаи тањсин мебошад. Васоити аёнї низ босамар кор бурда шуд. Хонандагон њам аз харитаи табиї, ки дар девор овезон буд, њам аз атласњои географии худ, њам глобусњои дар ихтиёрашон буда ва њам харитањои контурї эљодкорона истифода бурданд. Китоби дарсї низ ба хонандагон бањри дарёфти маълумот ва иќтибосот хидмат кард. Агар бо чунин шеваи дарс бо истифода аз усулњои фаъоли таълим ва аёният дарсњо сурат бигиранд, албатта, хонандагон шавќманд мешаванд ва дониши онњо тањким меёбад. Тавре ки дидем, ин аз омўзгори донишманду эљодкор вобастагии калон дорад. Шодї РАЉАБЗОД, "Омўзгор"

4ШИРУ ШАКАР

50 СОЛ БО ЌАЛАМ

Њафтаи гузашта бо ибтикори Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар бинои Китобхонаи миллї бахшида ба 50солагии эљодиёти Шоири халќии Тољикистон, дорандаи љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї Њаќназар Ѓоиб бо иштироки ањли зиё мањфили гарме баргузор гардид. Шоири мањбубро муовини вазири маориф Тољинисо Мањмадова, муовини вазири фарњанг М.Достиев, сафири кабири ЉИЭ дар Тољикистон Алиасѓари Шеърдўст, муовини аввали раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон А.Самадов расман табрик намуда, туњфањои хотиравї бахшиданд. Сипас, њамќаламони шоир - Гулназар Келдї, Аскар Њаким, Султон Мирзошоев ва дигарон дар бораи махсусияти эљодиёт ва шахсияти Њаќназар Ѓоиб бо мењр сухан ронда, вобаста ба њамкориву нишастњои адабие, ки дар онњо наќши соњибљашн њувайдо будааст, њикоятњои хотирмон карданд. Аз љумла, таъкид гардид, ки шоири шањир дар миёни 50 соли ќаламкашї наздики 30 маљмўаи ашъор ба чоп расонидааст. Китобњои "Зинароњ", "Тољи офтоб", "Эњёнома", "Нигоњи гарм", "Чашми сањар", Атри гиёњ", "Барги сабзи ишќ", "Дар бистари нарми

гул", "Ќиссаи аспи Хатлї", "Нафас то бар нафас овози ваќт аст" ва ѓайра моломоли эњсоси худшиносї ва руњи ватандўстианд. Њаќназар дар тарљума низ нерўи ќалами хешро санљида, бо муваффаќќияти том ашъори Евтушенко, Есенин, Григол Абашидзе, Њусейн Њусейнзода, Гёте, Межелайтес, Евгений Баратинский Иван Бунин, Асќад Мухтор, Махдумќулї,Якуб Колас, Абдулло Орифро ба тољикї баргардонидааст. Оњангнокии шеърњои ин шоири мањбуб ба њофизони маъруфи кишвар илњомбахш будааст, ки аз љониби Одина Њошим ва Нигина Рауфова сароида шудаанду имрўз низ Сурайё Ќосимова, Давлатманд Холов, Хосияти Зарафшонї, Бобољон Азизов, Моњрухсор Сафиева, Нуќра Рањматова, Улфатмоњ Мамаданбарова, Сабоњат Наљмиддинова ва чанди дигар чакидањои хомаи ўро бо оњангњои марѓуб тараннум мекунанд. Воќеан, он рўз њофизони маъруф Ќурбоналї Рањмон, Файзалї Њасанов, Рањматулло Њошимов ва дастаи хунёгарони эшон, инчунин, аъзои мањфили "Њамешабањор" бо истифода аз ашъори устоди сухан Њаќназар Ѓоиб базми ширу шакаре барпо карданд, ки аз он хотири ањли нишаст болида гардид. Марям ЭШОНЉОНОВА, "Омўзгор"


№8 22-юми феврали соли 2013

4АКСИ САДО

МО ВА ХОНАНДА

Њафтаномаи "Омўзгор" њамрозу рањнамо ва мададгори мо, ањли маориф, мебошад. Мо онро пайваста мутолиа намуда, донишу фањмиши худро вобаста ба масоили умдаи соња таќвият мебахшем. Хушбахтона, солњои охир њафтанома боз њам бештар мўниси омўзгорон гаштааст ва доираи мавзўъњояш фарохтар шудааст. Нашрия ба масоили мубрами рўз дахл карда, барои гирењкушоии мушкилоти мављуда љидду љањд менамояд.

шудааст. Муассисаи тањсилоти иловагии вилоят, ки дар шањри Ќўрѓонтеппа љойгир мебошад, ба фаъолияти тамоми муассисањои тањсилоти иловагии шањру навоњии вилоят роњбарї менамояд. Дар ин муассиса як гурўњ мутахассисону устодони варзида гирд омадаанд ва тавассути 13 мањфил ба хонандагони мактабњо, аъзои мањфилњои муассиса, таълими иловагї медињанд, њунар меомўзонанд. Мањфилњои муас-

раќс…-ро меомўзанд, ба намудњои гуногуни варзиш машѓул мешаванд. Илова бар ин, дар муассиса мунтазам озмуну мусобиќањои гуногун баргузор карда мешаванд. Ташкили озмунњои "Китобхони бењтарин", "Ровии бењтарин", "Дунёи миллат" ва амсоли инњо, ки дар муассиса њикми анъанаро гирифтааст, аз љанбањои пурмањсулу фарогири фаъолияти муасси-

Дар яке аз шуморањои охири њафтанома (№6, аз 8-уми феврали соли 2013) гузориши муфассале аз суњбати мизи мудаввари ташкилнамудаи "Омўзгор" бо номи "Марказњои тањсилоти иловагї: муваффаќият ва мушкилињо" ба табъ расид, ки мутолиаи он барои мо - кормандони муассисањои тањсилоти иловагї хеле муфиду судманд буд. Воќеан њам, суњбати мазкур хеле хуб, ошкорою самимї сурат гирифтааст ва дар он иштирокдорон ба бисёр масъалањои хосаи соња дахл карда, мубодилаи афкор намудаанд ва андешањои муњим иброз кардаанд. Дар њаќиќат, тањсилоти иловагї бахши пурмањсулу судманди кори таълиму тарбия буда, фаъолияти мактабро такмил мебахшад ва ба вусъати омўзиши хонандагон, дастгирии мањорату малака ва истеъдоди онњо мусоидат менамояд. Бисёр дурусту образнок гуфтааст дар оѓози мизи мудаввар љонишини сармуњаррири њафтаномаи "Омўзгор" Абдурауф Муродї, ки "мактабу марказњои тањсилоти иловагї ду боли як парандаанд". Бисёр масъалањое, ки дар суњбати мизи мудаввар перомуни онњо ибрози назар шудааст, аслан, марбут ба тамоми муассисањои тањсилоти иловагии љумњурї мебошанд. Чунончи, ман бовар дорам, ки имрўз аксари

сиса рангину љолиб, пурсамару судманд ва дар сатњи баланд баргузор мешаванд. Роњбарони мањфилњо дар баробари њунар омўзонидан ва сайќал бахшидани истеъдоди шогирдон мекўшанд, ки љанбаи тарбиявии машѓулиятњояшон низ неруманд бошад. Хонандагон, аъзои мањфилњо, дар рўњияи эњтиром ба касбу њунарњо, ба санъат ва низ дар рўњияи мењнатдўстию ватанпарварї тарбия карда мешаванд. Яъне, масъалаи мубрами педагогика - њамбастагии таълиму тарбия дар муассисаи тањсилоти иловагї низ дар маркази диќќати омўзгорон ќарор дорад. Њамчунин, шиору овеза, гўшаву лавњањои биною мањфилгоњњои муассиа, ки пурмазмуну муассир тањия шудаанд, ба тарбияи шоистаи хонандагон бетаъсир намемонанд. Дар муассисаи тањсилоти иловагии вилояти Хатлон тавассути мањфилњо хонандагон њунарњои дўзандагї, барќкорї, муњандисї (дар бахшњои гуногун), истифодаи компютер, суратгирї,

са мањсуб мешавад. Ин озмунњо хонандагони зиёдро љамъ меоваранд ва ба љилои истеъдоди онњо, тањкими мањорату донишашон мусоидат мекунанд. Чунончи, дар озмуни "Дунёи миллат" бењтарин сурудњо дар ситоиши Ватан, миллат, муќаддасоти давлат, забони модарї садо доданд ва ин озмун собит намуд, ки шогирдони мо Ватани худ ва арзишњои маънавии онро дўст медоранд, эњтиром мекунанд. Махсусан, дар давраи таътили мактабиён муассисаи тањсилоти иловагї фаъолияти бавусъаттар дорад, зеро дар ин давра хонандагон имкони бештари иштирок дар мањфилњоро пайдо мекунанд. Бинобар ин, њангоми таътили мактабиён муассиса наќшаи махсуси фаъолият тартиб дода, силсилаи чорабинињои муфид баргузор менамояд. Дар заминаи робита бо мактабњо, хонандагон ва волидон муассиса мунтазам фаъолияташро такмил мебахшад ва мањз дар њамин замина дар оѓози соли

равон дар муассиса боз чанд мањфили нав, аз љумла, мањфилњои раќс, гўштин ва дуторнавозон таъсис дода шуд, ки њоло њар яке аз ин мањфилњо аз 15 то 20 аъзо доранд. Айни замон бо ибтикори муассисаи тањсилоти иловагии вилоят дар тамоми шањру ноњияњо озмуни "Чароѓаки рањнамо" идома дорад ва алњол дар ин озмун фаъолияти хонандагони мактабњои ноњияњои Сарбанд, Бохтар, Љалолиддини Румї, Ќубодиён, Ёвон бештар ба назар мерасад. Дар оѓози соли равон бо ибтикори раёсати маорифи вилоят дар ноњияњои Шўрообод ва Носири Хисрав муассисањои тањсилоти иловагї таъсис дода шуданд, ки ин ба боз њам мукаммалтар гардидани доираи фаъолияти мо мусоидат кард. Воќеан, раёсати маорифи вилояти Хатлон ва шахсан сардори он Х.Ќурбонзода ба муассисањои тањсилоти иловагии вилоят таваљљуњи њамешагї доранд ва барои пешрафти онњо шароит фароњам меоваранд. Аз љумла, бо дастгирии раёсат соли гузашта чанде пеш муассисањои тањсилоти иловагї бо мизу курсї ва воситањои техникї таъмин карда шуданд. Албатта, кори мо дар муассиса аз баъзе мушкилоту норасоињо низ орї нест ва дар он мизи мудавваре, ки дар оѓоз гуфтем, ба баъзе аз ин мушкилињо ишорањо карда шуданд. Бартарафсозии ин мушкилоту норасоињо кўшишу талоши ањлона ва њамкории босамарро таќозо дорад. Бисёр мехостем, ки њафтаномаи "Омўзгор" чунин суњбати гирди мизро дар шањри Ќўрѓонтеппа низ баргузор намояд. Заррагул ДАВЛАТОВА, директори муассисаи тањсилоти иловагии вилояти Хатлон

гу тобиши тоза мегирад, муассир ва наќшгузор мегардад. Ифодаи маъмулест, ки "Як дарси хуб мазмуни як асарро дорад". Оре, њамин тавр аст, вале бо ин њама, унсурњое њастанд, ки ба њамаи дарсњо хосанд ва дар њар гуна намуди дарсњо ба инобат гирифта мешаванд. Ин унсурњо мавзўи дарс, њадафи он, баёни мавзўи нав, пурсиш (дар ваќт, њолат ва ба тариќи гуногун), љамъбаст ва супориш мебошанд. Њамаи ин унсурњоро омўзгорро шарт нест, ки дар лањзаи муайяни дарс ва дар доираи муайяни ваќт роњандозї намояд. Ин кор њам эљодкорї мехоњад ва метавонад бадоњатан, ё худ, дар омехтагї бо лањзањои алоњидаю маъмули дарс татбиќ карда шавад.

Чун дарс, хосатан, дарси муосир њамеша таќозои эљодкорї дорад, омўзгор бояд пайваста аз паи омўзиш, дар љустуљў ва худтакмилдињї бошад. Педагогикаи имрўз ба омўзгор бањри муваффаќона баргузор намудани дарс методњои гуногунро пешнињод мекунаду тафсир мебахшад. Њоло аз љониби омўзгорони соњибтаљриба ва пешќадам усули фаъоли таълим ба таври самаровар истифода бурда мешаванд. Воситањои техникии таълим, компютер ва Интернет, њамчунин, тахтањои электронї ба муаллим барои ташкили судманди дарсаш имконоти васеъ фароњам меоваранд. Солњои охир бо ибтикори Вазорати маориф номгўи зиёди китобњои дарсии баландсифату пурмуњтаво ва дастурњои методї ба нашр расиданд, ки ин ба такмили дарсњои омўзгорон мусоидат мекунад. Муќаддам МАВЛОНОВА, љонишини директори мактаби №54-и шањри Душанбе

муассисањои тањсилоти иловагї ба мутахассисони варзида, таљњизоти муосир, дастгирии молиявї, такмили ихтисос, мубодилаи афкор ва ташкили омўзиши таљрибаи њамдигар ниёзманданд. Дар њошияи суњбати гирди мизи "Омўзгор" ва дар иртибот ба масоили дар он матрањшуда мехоњам сухане чанд перомуни фаъолияти муассисаи тањсилоти иловагии вилояти Хатлон иброз намоям. Дар вилоят њоло 26 муассисаи тањсилоти иловагї фаъолият доранд. Дар ин муассисањо дар маљмўъ 327 мањфил таъсис дода

4МУЛОЊИЗА Оинаи фаъолияти њар як омўзгор, пеш аз њама дарс аст, дарси шоиставу пурсамар. М.Н.Скаткин

Њарчанд доираи фаъолияти омўзгор хеле васеъ аст, њамеша ва дар њама гуна вазъият дарс рукни асосии фаъолияти ў ба шумор меравад. Тавассути дарс, ки шакли муњимтарини таълиму тарбия мањсуб меёбад, омўзгор њадафњои њамарўзаи худро вобаста ба такмили дониши хонандагон дар амал татбиќ менамояд. Бењуда нест, ки педагогњои варзида ва мактабшиносони маъруф дар бисёр маврид кўшиш бар он кардаанд, ки мазмуну моњияти дарсро тавзењ бахшанду њадафњо ва сохтори асосии онро муайян намоянд. Дарс њамчун шакли муњимтарини таълим таърихи дерин дорад ва давра ба давра ташаккул ёфтаву мукаммал гардидааст. Яке дар бораи љараён ва ваќти он бањс оростааст, дигаре сохти онро тањќиќ кардааст, сеюмї доир ба мазмуну муњтавои дарс аќидаронї бинмудааст. Дар заминаи тањќиќу баррасињо методикаи гуногуни баргузор кардани дарс муайян ва пешнињод шудааст. Дар кулли тањќиќот, њарчанд фикру аќидањои гуногун ва пурихтилоф иброз шудаанд, ањли илм ва ба вижа, методистон он нуктаи назарро якдилона тарафдорї кардаанд, ки дарс њамчун шакли таълиму тарбия назир надорад ва омўзгор дар дарс "коргардон"-и асосист. Олими маъруф, академик М.Лутфуллоев дар мавриди ма-

соили марбут ба дарс маќолаву китобњои зиёде навиштаву ба табъ расондааст. Ў вобаста ба тавзењи дарс ба таври хеле муассиру пуробуранг, аз љумла, чунин гуфтааст: "Агар раванди омўзишро як дарёи серобу азиме тасаввур кунем, дарс калонтарин ва хурўшонтарин шохоби он аст. Тантанаю муњташамии дарёи пуртуѓён мањз аз баракати њамин шохоби пурфайз аст. Соле, ки шохоб пурбор аст, дарё низ меѓуррад, неруи тоза мегирад, механдад ва оби рўњафзои худро ба ташналабон њадя мекунад, сабза медамад, гул мешукуфад, боѓ месабзад, серию пурї мешавад, аммо соле, ки ин шохоб камоб бошад, дарё низ мегиряд, ду соњилаш хушк мешавад ва мисли пошнаи пойњои бобои дењќон торс-торс мекафад. Дарс њам њамин тавр аст. Самара ва сифати он ба зањмати паёпай ва хастанопазири муаллим вобаста аст". Ба назари мо, як нукта оид ба дарс бояд бебањс ва њамеша дар мадди назар бошад; дарс пайванди њамешагї бо эљодкорї дорад ва дарси ќолабию анъанавї њаргиз самараи хуб нахоњад дод. Дар айёми мо методикаи гуногуни баргузории дарсњо муайян ва пешнињод карда шудааст. Вобаста ба рўњияи замон ва ислоњоти соњаи маориф ба истилоњ, демократикунонии раванди таълим, аз љумла, дарс ба амал бароварда шудааст, ки зимни он ба омўзгор дар баргузор намудани дарс имконоту ихтиёроти муайян дода мешавад. Ў дар ташкилу банаќшагирї ва муайян намудани методи

дарси хеш бояд, пеш аз њама, ба мазмуну муњтавои мавзўъ, имконоти шогирдон, сатњи дониши онњо ва шароити синфу мактаб такя намояд. Бо он њама озодињо дар ташкили таълим тавассути дарс омўзгорро лозим аст, ки чанде аз умдатарин талаботи дидакткиро нисбат ба дарс риоя намояд. Нахуст, бояд вазифањои њар дарс аниќ ва равшан муайян карда шаванд (нуктањои аввалиндараља ва дуюмдараљаи дарс). Дигар, бояд њамеша ба њамбастагии таълиму тарбия дар дарс таваљљуњ зоњир намуд. Ин њамбастагї гарави муњими муваффаќияти омўзгор ва самармандии дарс мањсуб меёбад. Талаботи дигар вобаста ба мазмуни мавзўъ ва сохти дарс тањия ва омода намудани аёниятњо ва маводи дидактикї мебошад. Таљњизоти дарс бояд љолибу навоварона бошад. Њамчунин, омўзгор бар он бояд бикўшад, ки дарс бо воќеият, бо муњити фаъолияти шогирдон иртибот дошта бошад. Ба инобат гирифтани хусусиятњои синнусолї ва психологии шогирдон, имконоти физиологии онњо низ аз талаботи умда ба дарс аст. Ваќте ки ин талаботи асосї дар ташкили дарс ба инобат гирифта мешавад ва ба он мањорати коргардонии омўзгор зам мегардад, дарс, албатта, натиљаи дилхоњ медињад. Дарс, чунон ки гуфта шуд, ба шарофати эљодкории омўзгор ран-

Маъдихўља Умронов солњои зиёдест, ки дар филиали ДДОТ ба номи С.Айнї дар ноњияи Рашт дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психология хидмати арзанда кардааст. Алњол њамчун декани шуъбаи ѓоибона дар филиали мазкур фаъолият дорад. М.Умронов собиќаи кори 41-сола дошта, муаллифи якчанд таълифоти илмию методї мебошад. Бояд ќайд кард, ки дар шуъбаи ѓоибона 780 нафар толибилм ба сабаќомўзї машѓул њастанд. Бо ташаббус ва роњнамоии ректори филиали донишгоњ С.Љононов шуъбањои нав, аз ќабили география ва њифзи табиат, химияву биология, менељменти соњаи иќтисодиёт ва муњосибот кушода шуданд. Хизматњои муаллими калони донишгоњ М.Умронов бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ќадр карда шудааст. Дар акс: М.Умронов њангоми машѓулияти навбатї бо донишљўён. Суратгир М.РИЗВОНОВ


ГУЛШАНИ РОЗ

4 АСРОРИ СУХАН

4САЙДИ МАЪНЇ

(идома аз шуморањои гузашта)

ОЯ-ОЯ ЊАМАГЇ МАЪНИИ

"ЌУРЪОН" АДАБ АСТ

"Ќуръон" китобест, ки дар тўли ќарнњо бо бузургиву ќудрати бењамтои хеш бе ягон тањрифу дигаргунї дастраси кулли муслимини олам гардида, бо салосату балоѓат ва пандњои судманду гаронмояи хеш ба дили суханварон, ноќилон, ровиён, воизон, шуарову удабои хирадманду заковатманди љањон роњ ёфтааст. Бемуњобот метавон гуфт, ки шоире ё адибе нест, ки аз "Ќуръон" илњом нагирифта бошад, чунки ин китоби муќаддасу поку бузургарзиш панду ардарзњои њакимона, васфу рафоќат, некї, дил ба даст овардан, њиммату љавонмардї, њалимї, хоксорї, зиндагиву иттифоќ, парњез ва амсоли аъмоли инњоро фаро мегирад. Аз ин рў, метавон онро китоби панду ахлоќ номид. Ин нукта дар ояти 58-уми сураи "Нун" чунин ифода гардидааст: "Ва мо њува илло зикрул-лил-ъоламин", яъне, њол он ки Ќуръон пандест мар оламиёнро. Мавлавии бузург ин ояи "Ќуръон"-и Шарифро асос оварда мегўяд: Чашм бикшову бубин љумла Каломуллоњро, Оя-оя њамагї маънии "Ќуръон" адаб аст. Афкору андешањои судманд ва волоназаронаву тарбиятгаронаи ахлоќии "Ќуръон", бо ашъори муаллими ахлоќи башарї Шайх Саъдии Шерозї дар ќаробату робита аст. Ашъору осори пурмўњтавою пурѓановати ин абармарди сухан аз ин китоби осмонї сарчашмаи илњом гирифта, дар ганљинаи тамаддуни ахлоќии олам сањми бузург гузоштааст. Саъдї зулму истибдоду ситамро мавриди интиќод ќарор дода, бар золимон лаънату нафрин мехонад: Макун бар заифони бечора зўр, Биандеш охир зи тангии гўр. Ситам бар заифони мискин макун, Ки золим ба дўзах равад бо сухун. "Ќуръон" низ дар сураи "Ассаф", ояти 8 дар мазаммати ањли ситам чунин фармудае дорад: Ва Худо роњ наменамояд њар золимро ё ќавми ситамгареро". Ва ё бигирем аќидаи Саъдиро дар боби суханчинї ва хабаркашиву айбљўї, ки ахлоќи номатлуби инсонї мањсуб ёфта, боиси фитнаву фасод мегардад. Шоир онњоеро, ки чунин аъмолро пешаи худ месозанд, бадбахттарин афрод донистааст: Миёни ду кас љанг чун оташ аст, Суханчини бадбахт њезумкаш аст. Аз ин хусус дар ояти сураи

№8 22-юми феврали соли 2013

"Алњумаза" чунин оварда мешавад: "Вой бар њоли суханчину ѓайбатчї…" Давоми сураи мазкур дар боби гирдовардагони мол, ки љояшон оташи пурнор аст, бањс менамояд ва Саъдии бузургвор низ чунин андеша дорад, ки инсон набояд дар пайи гирдоварии мол бошад. Чунончї, "тавонгарї ба њунар аст на ба мол" ё ки "мол аз бањри осоиши умр аст на умр бањри осоиши мол". Некї ва накўкорї маѓз андар маѓзи таълимоти инсонпарваронаи Саъдии донишмандро фаро гирифтааст ва ба андешаи ин пири хирад, ононе, ки некї ва накўкориро пешаи худ месозанд, номи некашон њамеша љовидона ва вирди забони башарият аст. Наёмад касе дар љањон, к-ў бимонад, Магар он, к-аз ў номи некў бимонад. Дўстиву рафоќат ва бародарї, ки асоси пойдории давлату миллат ва љомеаву оила аст, умќи андарзи њакимонаи ин пири маърифатро фаро гирифтааст. Ба аќидаи адиби нуктасанљ, дўсти њаќиќї аз бародари љонї њам болотар аст ва хоса он дўсте, ки шарики ранљу роњат аст: Дўст машмор он, ки дар неъмат занад Лофи ёрию бародархондагї. Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст Дар парешонњолию дармондагї. Аз нигоњи "Ќуръон" муъмин бародари муъмин аст ва бояд њамеша байни эшон сулњу салоњу вањдату иттињод ва дастгириву мададгории њамдигарї арзу вуљуд дошта бошад. Дар ояти 10уми сураи "Хуљурот" ин андеша ба тариќи зайл баррасї гардидааст: "Љуз ин нест, ки муъмин бародари муъминанд, пас ислоњ кунед миёни ду бародари худ". Айбљўиву лаќабгузорї ва масхарабозї, ки бадтарин ва зишт-

ПАРЧАМИ ТОЉИКИСТОН Парчами Тољикистон Дар осмон љилвагар. Монанди љилваи бахт Менамояд дар назар. Парчами миллати мо Машњур андар љањон. Дар баландї бимонад То љовидон парафшон.

тарин афъоли одамї мебошаду боиси ранљиш ва озору дилмондагї мешавад, дар байти зерин чунин ифода гардидааст: Агар марди некї, ба кас бад магўй, Бипарњез аз њосиди айбљўй. "Ќуръон" низ чунин ашхоси айбљўю айбгузорро шахси беимону фосиќ ва гунањкор донистааст ва ояти 11-умин сураи "Хуљурот" бурњони барњаќ аст: "Ва айб макунед якдигарро ва махонед якдигарро бо лаќабњои бад. Бадномист фисќ баъд аз имон". Умуман, афкору аќидаи беѓазаронаву инсонпарварони ин суханвари бузурги Машриќзамин ва оятњои мубораки "Ќуръон"-и Маљид саршори волотарин панду андарзњои њакимона буда, амал кардани њар як фади солимаќл, ки хешро мусулмони комил мењисобад, њам фарз асту њам ќарз. Аммо, мутаассифона, чи дар гузаштаву чи имрўз баъзе, ба ќавле, "зоњидону обидон, муттаќиёну порсоён" ба моњияти он сарфањм нарафтаанд. Ба гуфти пири хирад Саъдии бузургвор, ибодату бандагї ва танњо намоз хондану ба масљид рафтан, гузаронидани тасбењу аммома ба сар нињодан набуда, баръакс, бузургтарин омол ин дурї љустан аз афъоли зишту разилона ва њама ваќт кўшидан дар роњи хайр аст: Чунончи: Ибодат ба љуз хидмати халќ нест, Ба тасбењу саљљодаву далќ нест. Дар боби маќсуд аз намоз "Ќуръон", ки дар 72 љой ёдовар шудааст ва такрор ба такрор таъкиди ин гуфтањои фавќ намудааст. Билхусус, ояти 45-уми сураи "Анкабут маѓзу моњияти намозро чунин иброз доштааст": "Ва барпо доред намозро, манъ мекунад аз корњои бењаёї ва феъли нописандида…" Хулоса, чунин далелу бурњон дар боби њамбастагию равобити "Ќуръон" бо ашъори баландѓояву инсонпарваронаи Саъдї хеле ва хеле фаровон аст. Аз ин рў, наметавон њамаи онро рўйи сафњаи коѓаз овард, бинобар ин, навиштањои хешро бо ин панди судманди адиби башардўст њусни анљом мебахшем. Бани одам аъзои як пайкаранд, Ки дар офариниш зи як гавњаранд. Абдурашид АЛОВИДДИНОВ, омўзгори мактаби раќами 20-и ноњияи Айнї

ТОЉИКИСТОН

Азизї аз бароям, Тољикистон, Туро ман дўст дорам аз дилу љон. Чу модар дар канорат парваридї, Бињиштосо ту њастї, Тољикистон. Бањорат бехазон бодо њамеша, Заминат дар амон бодо њамеша. Ливои пурљилоят дар баландї Чу роњи Кањкашон бодо њамеша. Хушњасан НАВРЎЗОВ, омўзгори мактаби №21-и ноњияи Варзоб

ЯЪЌУБ - писари Исњоќ пайѓамбар, ки дар ќиссањои исломию ибронию масењї чун падари Юсуф маъруф аст. Юсуфро бародаронаш ба чоњ андохта, Яъќубро дар фироќи ў мубтало сохтанд ва Яъќуб дар фироќи писараш чандон гирист, ки чашмонаш нобино шуданд. Пас, аз солњо, ки Юсуф азизи Миср гашт ва бо тадбири худ барои ќањтсол озуќа љамъ кард, бародаронаш барои хариди ѓалла ба Миср рафтанд. Юсуф пироњани худро барои падараш фиристод. Њамин ки бародаронаш пироњани Юсуфро аз Миср берун оварданд, бод бўи онро ба машоми Яъќуб расонид. Яъќуб пироњани Юсуфро бар чашм молид, бино гашт: Бўи пироњани Юсуф, ки кунад равшан чашм, Бодро гўй, ки бар пирѓами Канъон орад. Сайид Њасани Fазнавї ЯЊУДО - бародари Юсуф, аз ќиссаи "Юсуфу Зулайхо". Чу Юсуф нест, к-аз ќањтам рањонад, Маро чї Ибни Ёмин, чї Яњудо. Хоќонї

ГИРЕЊКУШОИ МАЪНЇ F FИЛМОН - писарони бињиштї, ин калима дар "Ќуръон"-и карим омадааст: Фардо агар на равзаи ризвон ба мо дињанд, Fилмон зи равза, њур зи љаннат бадар кашем. Њофиз Ќ ЌАБАС - ба маънои пораи оташ, дар шеъри форсу тољик ишора ба оташе, ки ба Мўсо пайѓамбар аз дарахте дар водии Айман зоњир шуд: З-оташи водии Айман на манам хурраму бас, Мўсї ин љо ба умеди ќабасе меояд. Њофиз ЌАВС - аз суратњои дувоздањгонаи фалакї, ки ба шакли камон аст. Бурљи Ќавс баробари моњи озар. Камонварро камон дар љанг монда, Ду пой озурда, даст аз љанг монда. Фахриддини Гургонї ЌАДАМ-УЛ-ЉАББОР - аз ситорагони ќадри аввал, ки дар шакли љаббор аст ва онро Љавзо хондаанд. ЌАДР - љойгоњи ситорагон ва нисбати онњо ба минтаќат-улбуруљ, ки онро шараф низ гўянд. Он чиро, ки аз њама бузургтар аст, ќадри аввал ё шарафи аввал мехонанд. Ситорагони ќадри аввал понздањтоанд: Симоки аъзал, Симоки ромењ, Насри воќеъ, Насри тоир, Шеърои яманї, Шеърои шомї, Айюќ, Дабарон, Ќалбул-асад, Фум-ул-њут, Манќиб-ул-љаббор, Ќадам-ул-љаббор, Суњайл, Охир-ун-нањр, Риљxал, Ќантурис. ЌАЛАНДАР - касеро гўянд, ки аз ќайди такаллуфот ва молу ашёи дунё вораста, фаќат толиби љамоли илоњї бошад: То њазрати ишќро надимем, Дар кўи ќаландарон муќимем. Хоќонї ЌАМАР - яъне моњ, сайёрае, ки дар фалаки аввал ќарор дорад ва ба замин наздиктарин сайёра аст: Ќамар ба сони чашми дардгин шуд, Сапедадам шавад тўтиёи ў. Манучењрї ЌИБЛАГОЊИ МАЉУС - киноя аз оташ. Зи дигар тараф сурхрўёни рус Фурўзанда чун ќиблагоњи маљус. Низомї ЌИБЛАИ ДЕЊЌОН - киноя аз оташ. Як ќофиларо рўй сўи ќиблаи тозї, Як тоифаро рўй сўи ќиблаи дењќон. Муиззї ЌИРОН - ба маънои гирд омадан ва наздик шудан аст. Дар истилоњи ањли нуљум ваќтест, ки ду ситора ба як љо бо њам оянд. Ќирони мутлаќ ќирони Зуњалу Муштарист ва он дар њар бист сол як маротиба рух медињад. Ќирони баъзе ситорагон нањс ва баъзеи дигар саъд аст. Аз он љумла ќирони Моњу Муштарї, ки њар моњ як бор воќеъ мешавад, саъд аст. Собиќ мунаљљимон аз ќирони ситорагон толеи инсон, ояндаи кишварњо ва рух додани њодисањои табиатро пешгўї мекарданд. Гуфтам, ки хоља кай ба сари њиљла меравад, Гуфт: Он замон, ки Муштарию Мањ ќирон кунанд. Њофиз ЌОБИ ЌАВСАЙН - ба ќадари ду камон ва дар истилоњи орифон маќомест, воло ва наздик ба Худо, ба њадде ки марњалаи фано бошад. Аз тоат баршуда бар ќоби ќавсайн, Пайѓамбари мо дар замини Батњоъ. Носири Хисрав ЌОРУН - писари амаки Мўсо пайѓамбар, ки аз Мўсо кимёгарї омўхт ва филизоти бисёреро ба зар табдил дод. Fурури моли фаровон ўро бар Мўсо аз Худо илтиљо кард, ки замин дањон боз кунад ва Ќорунро бо њама ганљу давлаташ фурў барад: Ќорун њалок шуд, ки чињил хона ганљ дошт, Нўширавон намурд, ки номи накў гузошт. Саъдї Ќорун инчунин номи шањре будааст: То ба Ќорун бурд банду ганљи Ќорун баркушод, Ранљњои њар касеро ганљњо додаш љазо. Хоќонї ЌОФ - номи кўњи афсонавие, ки гирдогирди љањонро гирифтааст ва ба ривояти "Мантиќ-ут-тайр"-и Аттор љойгоњи симурѓ будааст: Мулки љањон бигирї аз Ќоф то ба Ќоф, Моли љањон бубахшї аз уд то ба ќор. Манучењрї

(Давом дорад)

Тањияи А.МУРОДЇ


МАВЌЕЪ

№8 22-юми феврали соли 2013 кор асту бас, зеро бамавќеъ аз он фойида набурдааст.

4РАВЗАНА "Падар шудан осон аст, падар будан бисёр душвор аст". Падарњо, албатта,зиёданд, аммо падароне,ки тамоми њастиашонро ба таълиму тарбияи фарзанд ва кори хайр мебахшанд, хеле кам њастанд. Мо ин аќидаи адиби олмонї Вилњелм Бушро ин љо ба умеде ёдовар шудем, ки рўњи падари азиз, мутарљими адабиёти классикии олмон Шералии Рањим шод шавад. Шералї Рањим 15 июни соли 1943 дар дењаи зебоманзари Кангурт таваллуд шудааст. Аз хурдсолї ба дониш шавќу завќи беандоза пайдо мекунад. Баъди хатми мактаби миёна ва факултаи забонњои хориљии ДДОТ ба тарљумаи шеър, њикоя ва масалњои донишмандони классикии Олмон машѓул мешавад. Дар матбуоти даврї тарљумањои адибони олмонї аз тарафи Шералї Рањим пайваста чоп мешуданд. Ин тарљумањо гувоњи онанд, ки ў донандаи хуби забони олмонї аст. Аз як бачаи шўхи дењотї то ба мутарљими адабиёти Ѓарб расидан кори инсонест, ки пайваста дар такопў ва дониш омўхтан аст. Чи хеле ки дар боло ќайд кардем, падари њаќиќї будан душвор аст. Шералї Рањим тавониста, ки ба маънои васеъ барои фарзандонаш падарї намояд. Дар ин маънї мисраъњои зерин ба ёд меояд: Гирди номи падар чї мегардї? Падари хеш бош, агар мардї… Инак фарзанди шодравон Шералї Рањим -Наврўз Рањимзода давомдињандаи кори падар гардида, айни њол тарљумони хуби забони олмонї аст. Васияти падар буд, ки фарзандонаш китоби ўро бо номи "Куллиёт. Намунањои бењтарин аз адабиёти классикии Олмон" ба нашр расониданд. Ин китоб асарњои бузургтарин шахсиятњои таърихии адабиёти Олмонро дар бар мегирад. Некрўз-фарзанди калонї ва Фирўз-писари хурдї низ аз илму дониши падар бархурдор њастанд. Онњо номи падарро баланд бардошта, аллакай аз имтињони пурпечутоби зиндагї гузаштаанд. Чун оилањои намунавї байни дўстон соњиби обрўю эътибори хоса мебошанд.

4ЉАНБАЊОИ ТАЪЛИМ Омўзгоронро лозим аст, ки дар ќатори дигар омилњо њангоми машѓулиятњо бо хонандагон ба навишти онњо, ба њусни хаташон ањамият дињанд. Аз ин лињоз масъулияти омўзгорони забон ва адабиёти тољик бештар аст. Хат ва хатнависї дар њаёти њар фард дорои ањамияти муњим мебошад. Хати зебо далели босаводиву зебоипарастии шахс, собитгари њунари волои ўст. Хондани хати зебо ба кас њаловат мебахшад, хонандаро мафтун месозад, ваќтро сарфа менамояд. Некў гуфтаанд, ки: Хат њамон бењ зи ќаламронанда, Ки биосояд аз ў хонанда. Бењуда набуда, ки дар бораи ањамияти хати зебо ва хатнависии њунарманд дар адабиёти классикии чунин навиштањое муассир дар бораи одамони хушхат мављуданд. Ба хонандагон хушнависї, таваљљуњ ба хат ва моњияти хати зеборо мунтазам таъкид бояд кард. Як омили муњими омўхтани хушнависї машќи пайваста аст, ки ин шарт дар байти машњури зерин таъкид шудааст: Агар хоњї шавї хушнавис, Бинавис, бинавис, бинавис.

Дар "Куллиёт" "Шарњу тавзењ ба "Девони ѓарбї ва шарќї"-и Йоњан Гўте, асарњои "Нокомињои Вертери љавон", "Масалњои Лессинг", драммањои Эмилиа Галотти, "Масалњои Мартин Лутер", "Масалњои Буш", "Масалњои Готтлиб Конрад Пфеффел", шеърњои шоири маъруфи љањонї Њайнрих Њайне ва ѓайрањо гирд оварда шудааст. Аз њикматњои Йоњан Гўте бароям писандидатар буд, бино бар ин айнан меорам: "Мо, инсонњо, бисёр ваќт шикоят мекунем, ки рўзњои нек каму рўзњои бад зиёданд, лекин ба пиндори ман, ин тавр гуфтан бисёр хато ва аз инсоф дур аст. Агар мо њамеша дили софу бекина медоштем, аз њар чизи нек ва шойистае, ки Худованди мењрубон бароямон муњайё кардааст, лаззат мебурдем, он гоњ дар худ нерў пайдо карда, метавонистем њар бадиеро, ки пеш ояд, аз сарамон дур созем". Аз ин бармеояд, ки созандаи корњои неку бад, зиндагии осуда танњо мо, инсонњо, мебошем. Бо овардани бахше аз масалњо ва њикматњои ањли адаби олмонї хонандаи тољикро хушдор медињем, ки "Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори, нек"-ро шиори њарлањзаинаи хеш созанд. Аз мутолиаи ин китоб барои худ дурри гавњарбори маънї бардоранд.

ФРИДРИХ ФОН ЛОГАУ Ваќти зудгузар

Касе, ки аз ваќти зудгузар шикоят мекунад, ў худаш гунањ-

Марг

Ман аз аљал, ки барои гирифтани љонам меояд, наметарсам. Бимам танњо аз он аст, ки пеш аз ман љони наздиконамро мегирад.

Сулњ ва љанг

Љанге, ки саъю талош ба сулњ дорад, хуб ва арзандаи ситоиш аст. Сулње, ки боиси љанги нав

мешавад, зишту нангин аст.

Тўри ќонун

Аљаб њунармандона бофтаанд ин тўри ќонунро, ки дар он хурд дармемонад, лекин калон мегузарад.

Калимаи "Эњтимол"

Калимаи "эњтимол" мисли харчанги њиллагарест, ки он њам ба пеш ва њам ба аќиб њаракат карда метавонад.

Саломатї

Саломатї на сарватмандон, балки фаќиронро дўст медорад. Чаро? Чунки он аз бисёрхарљиву пурхўрї нафрат дорад ва дурї мељўяд.

МАСАЛЊОИ ЛЕССИНГ Маймун ва рўбоњ

- Њайвони зиракеро ном гир, ки ман аз ўњдаи ба вай таќлид кардан бароям, - лоф зад маймуне ба рўбоњ. Рўбоњ дар љавоб гуфт: - Ту њам ба ман пасттарин ва њаќиртарин њайвонеро ном бар, ки вай хоњиши ба ту таќлид карданро дошта бошад. Адибони њамватани ман! Оё фикрамро боз аз ин њам равшантар баён кунам?!

Асп ва барзагови вањшї

Дар болои аспи бодпо кўдаки маѓруру далере нишаста буд ва аспро мувофиќи табъи дили худ чорнаъл медавонд. Барзагови вањшие инро дида ба асп хитоб кард:

- Ин чї шармандагї, ба љойи ту мебудам, роњ намедодам, ки кўдаке маро дар тобеияти худ нигоњ дорад! Асп дар љавоб гуфт: - Аммо ман роњ медодам. Магар кўдакеро ба рўи хок афкандан шараф аст?

КРИСТИАН ФУРХТЕГОТ ГЕЛЛЕРТ Кўр ва ланг

Боре кўру ланг дар роње бо њам бархўрданд. Кўр аз ин тасодуф фоли нек гирифту хурсанд шуд, то ба ў роњро нишон дињад. Марди ланг гуфт: - Охир мани бечора худам роњ рафта наметавонам, чї тавр ба ту ёрї расонам? Лекин ба назарам ту барои бардошта бурдани бор шонањои тавоно дорї. Агар маро ба пуштат савор кунї, туро рањнамої мекунам. Бигузор пойњои баќуввати ту пойњои ман бошанду чашмони равшани ман чашмони ту. Сипас ланг асо дар даст рўи шонањои пањни марди кўр мањкам љой гирифт. Ин љуфт ба иттифоќи њамдигар кореро анљом доданд, ки њељ яки аз онњо ба танњої аз ўњдаи он баромада наметавонист. Панд: Дар њаќиќат, каси дигар соњиби чизест, ки ту онро надорї. Дар навбати худ дигарон аз он чизе, ки ту дорї, мањруманд. Њамин норасоист, ки инсонњоро ба њам зарур ва њаммуошират месозад. Агар каси дигар аз истеъдоде, ки Худованд ба ў арзонї фармудааст, бенасиб намебуд, ў на дар фикри ман, балки пойбанди андешаи худ мебуд. Аз ин рўй шукри курдугорро ба љо ору шикоят накун! Агар офаридгор на туро, балки каси дигареро бартарї дода бошад, ин фаќат ба хотири он аст, ки ў бо њам ќарину њаммуошират намудани моро мехоњад.

ЗАРБУЛМАСАЛЊОИ ОЛМОНЇ

Зарбулмасал ойинаи тафаккури миллат аст. *** Шодие, ки таќсим мешавад, он ду баробар меафзояд. Дарде ки таќсим мешавад, он ними дард аст. *** Ба њама писанд омадан њунарест, ки њељ кас аз ўњдаи он намебарояд. *** Ситоиши њазор аблањ ба сарзаниши як марди доно намеарзад. *** Аблањро аз суханаш, харро аз гўшаш мешиносанд. *** Пинњонкор бадтар аз дузд аст. *** Танбал ва офтоби зимистонї ба њам монанданд, онњо дер ва оњиста мебароянду зуд менишинанд. *** Бадї савора меояду пойи пиёда меравад. *** Хасисї бузургтарин факру бечорагист. *** Пирї монанди бемористон аст, ки он њамаи беморињоро ќабул мекунад. *** Бахшишу гузашт бењтарин ќасос аст. *** Њаќиќат гиёњест нодир, камтар касоне ёфт мешаванд, ки онро хуб њазм карда тавонанд. *** Агар хоњї, ки дарахти љавон рост сабзад, зарур аст, ки гоњгоње шохањояшро зада кўтоњ кунї. *** На афтидан, балки аз љой бархестан њунар аст. *** Аз сари роњи гови шохзан ва маст бигрез. *** Фаќир нони хўрдан надорад, сарватманд иштињо. *** Муваффаќият падару модарони бисёре дорад, бемуваффаќиятї њамеша ятим аст. Дар тарљумаи Шералї РАЊИМ, Шарифгули ЊУСЕЙН

ЊУСНИ ХАТ ЊУСНИ КАС БИАФЗОЯД

Омили дигар, ки хонандагонро ба эњтироми хат ва ба хушнависї далолату водор менамояд, маълумот доштан дар бораи хат, пайдоиш ва моњияти он, хелњои хат мебошад. Ин љо мехоњем њамин омилро то љое тавзењ бубахшем. Хат бо таърихи ташаккули инсоният пайванди ногусастанї дорад. Дар љамъияти ибтидої одамон на забон доштанду на хат. Тадриљан бо рушди њаёти одамон забон арзи њастї кард. Пас аз давраи зиёд чун зарурати байни гуруњу ќабилањои аз њам дур алоќа барќарор кардан ба миён омад ва ин корро нутќи овозї иљро карда натавонист, аввалин маротиба эњтиёљ ба хат эњсос гашт ва дар нињоят он ихтироъ гашт, њарчанд ки дар ибтидо шаклњои басо соддаву умумї дошт. Хат дар оѓоз чун василаи иловагии мададрасон барои гуфтугў истифода мешуд ва асосан барои ба масофаи дур, минтаќањои дигар расонидани сухан (иттилоъ, амр, хоњиш…) хизмат мекард. Ин омили асосии хат то имрўз њамчунин боќї мондааст. Минбаъд хат марњила ба марњила такомил ёфт, пурра ва фарогир гашт. Муњаќќиќони забоншинос вобаста ба он ки нутќро (суханро) чї гуна ифода кардааст, хатро ба 4 гуруњи асосї људо кардаву тавсия бахшидаанд. Ин гу-

руњњо чунинанд: 1. Хати љумлашавї (фразограмма: фраза - љумла, грамма менависам): хате, ки дар шакли яклухт хабари томро мефањмонад. 2. Хати калимавї (логограмма: логос - калима): хате, ки њар як аломаташ калимаеро ифода мекунад. 3. Хати њиљої (силлабограмма: силлабос - њиљо): хате, ки њар аломаташ ифодагари њиљоест. 4. Хати овозї (фонограмма: фонос - садо, овоз): хате, ки њар аломаташ як овоз, як садоро ифода менамояд. Муњимтарин ихтирои инсоният дар марњилањои такмили хатнависї ихтирои хати овозї - њарфист. Пайдоиши ин навъи хат ба њазорсолаи дуюми пеш аз милод рост меояд. Муњимтарин хатњое, ки дар заминаи хати њиљої - овозї шакл гирифтаву рушд ёфтаанд, инњоянд: хати яњудї, хати сурёнї, хати форсї, хати арабї. Ин хатњо асосан аз њамсадоњо иборат буданд ва дар онњо садонокњо навишта намешуданд. Овозњои садонокро нахустин маротиба юнонињо бо њарфњои алифбої ишора намудаанд. Ин ба аниќу равшан ифода кардани овоз, сухан мусоидат кард.

Хати юнонї, ки низ аз ќадимтарин хатњо дониста мешавад, дар асоси хати овозї ба вуљуд омадааст ва дар оѓоз чун аксар хатњои замон аз рост ба чоп навишта мешуд, баъдтар баръакс шуд. Аксар хатњои овозї дар заминаи хати юнонї ба вуљуд омадаанд. Шаклгирии заминавии хати юнонї, хате, ки асоси бисёр хатњои муосир гаштааст, дар асрњои 8-7 (пеш аз милод) ба вуќуъ пайвастааст. Хатњои муосири немисию англисї, франсавї, испанї, португалї, итолиёвї, чехї… маншаъ аз хати юнонї доранд. Хати русї низ, ки њоло аксар љумњурињои собиќ ИЉШС аз он истифода мебаранд, баромад аз хати юнонї дорад. Гузаштагони халќи тољик аз хатњои авастої, мехї, оромї, суѓдї, монавї истифода бурдаанд, ки ќисме аз ин хатњо бевосита ихтирои худи њамин халќи фарњангист. Тамоми осори ниёгони мо пас аз асри VII мелодї бо хати арабї нигошта шудааст. Ин хат бо фарњангу адабиёту маънавиёти тољикон алоќаи устувору бардавом пайдо кардааст. Хати арабї баробари вусъати дини ислом дар бисёр кишварњо роиљ гашт, ќабул гардид. Дар ин хат низ садонокњо ишора намешаванд. Сабт наму-

дани садонокњо боиси душворињо дар хати арабї гаштааст. Калимањоеро, ки садоноки онњо навишта намешаванд, аксаран ба тарзњои гуногун хондан мумкин аст. Хати арабї навъњои зиёд дорад ва ќадимтарини ин навъњо хати кўфист. Њамчунин, навъњои дигари ин хат - муњаќќиќ, райњонї, таълиќ, настаълиќ, девонї … маълуманд. Истифодаи хати арабї дар Тољикистон аз ањди истилои араб то соли 1929 идома ёфтааст. Аз соли 1930 то соли 1940 дар кишвари мо аз хати русї, ки аз хати славянии кириллї ибтидо гирифта, дар натиљаи тањаввулоти беш аз њазорсола шакли кунуниашро дарёфтааст, њамчун хати расмии тољикон пазируфта шуд ва имрўз, дар овони соњибтистиќлолї низ, мо аз ин хати нисбатан содаву сањењ истифода мебарем. Дар Тољикистон барои омўзиши алифбои ниёгон (хати арабиасоси тољикї) низ шароит фароњам оварда шудааст… Дар охир боз њам таъкид менамоем, ки маълумот нисбат ба хат ва таърихи он барои хонандагон таваљљўњбарангез хоњад буд ва аз љумла, онњоро ба хушнависї талќин хоњад кард. Мењрї ШОЕВА, омўзгори мактаби №54-и ноњияи Сино


ТАЊСИЛОТИ ТОМАКТАБЇ

№8 22-юми феврали соли 2013

4ФАЪОЛИЯТ Рў ба рў бо муаллима

Омўзгори калони кафедраи тањсилоти томактабї ва ибтидоии ДЉТИБКСМ, муаллима Тўтихон Девоншоева чунин як зани пуртаљрибаест, ки собиќаи калони корї дорад. Њангоми суњбат дарёфтам, ки муаллима воќеан њам як мутахассиси варзидаю њирфаї буда, дар самти кори хеш, ки марбут ба фаъолияти муассисањои томактабї мебошад, дониши фаровон ва љањонбинии фарох дорад ва њамчунин бонуест бисёр хоксору фурўтан. - Аз соли 1997 то 2005-ум дар Вазорати маорифи љумњурї ба њайси сармутахассиси идораи тањсилоти умумї ифои вазифа кардам, - ба сухан оѓоз менамоянд муаллима. Моњи сентябри соли 2005-ум вазири ваќт А.Рањмонов маро даъват карда гуфт, ки агар хоњишатон бошад, ба Маркази љумњуриявии корњои тарбиявии вазорат њамчун муовини директори генералї ба кор мегузаред. - Агар шумо зарур шуморед, љавоб додам ман, рафта дар маркази номбурда кор мекунам. Ва бо њидояти Абдуљаббор Рањмонов чун муовини директори генералї оид ба масъалањои таълиму тарбия дар он муассиса ба фаъолият пардохтам. Дар марказ 7 моњ мењнат кардам. Дар ин миён Њ.Бобоев ректори ДЉТИБКСМ таъин гардиданду маро ба донишкада даъват намуданд. Дар ин љо мудири кабинети тарбияи томактабї шуда, ба кор шуруъ кардам.

Муќаддимаи кор ё дар љодаи талошњо

- Соли 2009-ум, - ба ёд оварда иброз медорад муаллима Т.Девоншоева, бори аввал курси љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии мудирону сармураббиёни муассисањои томактабии шањру навоњии вилояти Суѓд, Бадахшон, Хатлон, шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи љумњуриро муташаккилона гузаронидем. Дарвоќеъ, ин чорабинї баъди солњои тўлонии муташанниљи авзои сиёсї, ба ваљњи љангу даргирињо иќдоми судманд ва таваљљуњбарангез ба шумор мерафт. Курси мазкур масъалањои тахассусї, сиёсати давлатї дар бахши тарбияи томактабї, санаду њуљљатњои меъёрию њуќуќии соња, њифзи саломатии кўдакон, талаботи санитарию гигиенї дар бинои кўдакистонњо, масоили молиявї, пањлуњои касбию њирфаии идоракунии муассисоти томактабї ва ѓайраро мавриди баррасї ва њаллу фасл ќарор дод. Дар созмон додан ва баргузории курс намояндагони Вазорати тандурустї оид ба њифзи саломатї ва ташкили дурусти ѓизои кўдакон, масъулони бахши молиявию маблаѓгузории Вазорати маориф (маблаѓњое, ки бањри нигоњ доштани кўдакистонњо људо карда мешаванд), сањмгузор буданд. Корњои амалї дар ин самт, дар кўдакистонњои такягоњии шањри Душанбе (ширхоргоњњои №1,67, 44, 149, 59 ва ѓайра) гузаронида шуданд, ки шунавандагон дар он бо масоили њуљљатгузориву санаднигорї, кор-

кард ва тањияи наќшањои кори солона, барнома ва наќшаи таълимии мураббиён, методикаи гузаронидани машѓулиятњои таълимї, чорабинињои тарбиявї, ороиш ва таљњизонидани кўдакистонњо бо васоити аёнї (бозичањо, китобчањо ва ѓ.) аз наздик шинос гардида, малакаву мањорати касбии хешро такмил ва сайќал доданд. Мураббияњову роњбарони муассисањои томактабии дигар шањру навоњї дар пойтахт аз таљрибаи кори њамдигар огоњ шуда, онро омўхтанд ва мубодилаи афкор намуданд. Њамчунин, ба ѓайр аз корњои амаливу назарї тадбирњои фароѓатї ба шунавандагони курс роњандозї карда шуд. Дар солњои минбаъда кормандони муассисањои томактабї бо њидояти устодони курс ба тамошо ва сайри боѓи ботаникї ва фароѓатии Рўдакї, осорхонаи таърихию кишваршиносии Бењзод, боѓи "Ѓалаба", "Гулхани абадї", дар маљмуъ, макону мавзеъњои таърихї фаро гирифта шуданд. Як омилро бояд хотирнишон кард, ки мо курсњои такмили ихтисосро дар тамоми ноњияњои тобеи љумњурї ва минтаќањои вилояти Хатлон мегузаронем.

Гомњои љиддї ва умедбахш

- Њоло дар љумњурї таќрибан 500 муассисаи томактабї амал мекунад, ки зиёда аз 6,5 њазор тарбиятгирандаро фаро гирифтааст, тавзењ медињад Т.Девоншоева. Бањри пешбурди дурусти кор дар муассисањои томактабї дастурњои зарурї наќши муњим мебозанд. Бо ташаббуси ВМ ЉТ ва дастгирии методиву молиявии созмонњои байналмилалии "ЮНИСЕФ" ва Институти "Љомеаи кушоди Сорос" аз љониби гурўњи корї (мутахассисони соња) Стандарти инкишоф ва бозомўзии бармањали кўдакони 5-7 сола кор кардаву аз озмоиш гузаронида шуданд. Афзалияту бартарии Стандарт аз чї иборат аст? Њамаи кормандони омўзгории муассисањои томактабї баъди шинос шудан ба омўхтани ин њуљљат аллакай ба таври мушаххас медонанд, ки тарбиятгирандагони ин ё он гурўњи синнусолии кўдакистонњо бояд чиро донанд ва кадом корњоро ба сомон расонанд Соли 2002-ум барномаи таълимии "Роњнамои мураббї" тањия гардид ва ба кулли муассисањои томактабї дастрас карда шуд. Зиёда аз 10 сол мешавад, ки тамоми кўдакистонњо кори таълиму тарбияро дар заминаи њамин барнома бурда истодаанд. Барои марказњои рушди кўдак, гурўњњои кўтоњмуддат дар назди кўдакистонњо ва синфњои тайёрї ба

4ЧЕЊРА Дар аввал ба назар чунин менамояд, ки дар бораи нафари бароят азизу муътабар навиштани лавња ва ё очерке осон бошаду ба як бор ќалам ба даст гирифтан метавон ин корро анљом дод. Аммо чун ќалам ба даст гирифтї, аз чї шуруъ кардану бо чї анљом додани навиштаатро намедонї ва намедонї ки ин навиштаат лавња аст ва ё очерк. Ва агар ќањрамони интихобкардаат омўзгор бошад, ба назарат ончунон навиштан осон менамояд, ки гўё тамоми дарсњои ўро ба риштаи тањлил кашида метавониста бошї, вале чун шуруъ кардї, кадом дарс, кадом мавзўъ, чигунагии мањорати омўзгор дар он дарс бароят ончунон "пинњон" мемонад, ки дар љустуљўяш роњгумзада мешавї. Ќањрамони мо Иброњим Саидов, омўзгори мактаби раќами 118-и ноњияи Рўдакї, аз зумраи чунин нафаронест, ки навиштани як очерки калонњаљм барои инъикоси њаёту фаъолият, хусусан, зиндагиномаи ў шояд камї кунад. Аммо алоќадри имкон баъзе пањлуњои зиндагиномаи ин устоди дарёдилро дар навиштаи худ инъикос менамоем. Иброњим Саидов зодаи ноњияи Варзоб буда, Донишкадаи санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзодаро бо ихтисоси омўзгори фанни мусиќї ва суруд хатм намудааст. Баъд аз хатми донишкада тамоми тору пуди

(Тўтихон Девоншоева мутахассисест, ки умри хешро ба омўзиш ва роњандозии фаъолияти муассисањои томактабї бахшидааст) муддат дар кўдакистонњо ва синфњои тайёрї ба мактабњо ба њисоб меравад. То пайдо гардидани ин шаклњои тарбияи кўдакони синни томактабї таќрибан 90 фоизи бачагон ба остонаи мактабњо бе њељ ягон тайёрї ва омодагии ќаблї ќадам мегузоштанд. Ба таври умум, ду санади созанда, яке "Ќонуни ЉТ дар бораи маориф" (соли 2004) ва дигаре Барномаи давлатии рушди муассисањои томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010" ба тарвиљу пешравии фаъолияти кўдакистонњо такони љиддї бахшиданд.

Чанд нукта ё сухан аз норасоињо

мактаб, "Барномаи таълимии омодагии пешазмактабии кўдакони 5-7 сола" ва Барномаи таълимии кўтоњмуддати омодагии кўдакони синни 5-7 сола" тањияву омода карда шудаанд. Њамчунин бањри татбиќи амалии барномањои мазкур дастурњои зиёди методї аз тарафи кормандони Вазорати маориф, ДЉТИБКСМ, ПРМ, ДДОТ, Маркази таълимию методии љумњуриявии назди вазорати маориф мураттаб гардидаву мавриди истифода ќарор дода шудааст. Аммо дар ин боб низ норасоињои зиёде ба мушоњида мерасанд. Аз љумла, љои афсўс аст, ки теъдоди ин гуна дастуру китобњои методию рањнамо њанўз кам мебошанд. Ва мо имконияти дастрас кардани он дастуру васоити ёрирасони мављударо ба њамаи омўзгорон ва мураббиёни кўдакистонњои љумњурї надорем. Бояд гуфт, ки таваљљўњи вазир Н.Саидов ба муассисањои томактабї хеле зиёд аст. Аслан як нуктаи бас муњимро наметавон ќайд накарда гузашт. Соли 2005-ум Лоињаи Барномаи давлатии рушди муассисањои томактабї дар Љумњурии Тољикистон ба муњокима ва баррасї пешнињод гардид. Мо ба яке аз бандњои асосии он таѓйирот ва иловаи худро ворид намудем, ки ба пиндори ин љониб њалкунанда ба њисоб мерафт, ки он чунин ном дошт: "Омода намудани кўдакон ба мактаб дар таълимгоњњо ва муассисањои томактабї њатмї мебошад", ки механизми татбиќи он барои минбаъд дар шаклњои марказњои рушди кўдакони синни томактабї дар назди мактабњо (хусусан, мактабњои дењот), гурўњњои кўтоњ-

Солњои 2010-2011-ум бо дархости Донишкадаи вилоятии такмили ихтисоси шањри Ќурѓонтеппа дар минтаќа курсњои 18-рўза гузарондем. Њангоми гузаронидани курсњо ва шиносої бо вазъи муассисањои томактабї маълум гардид, ки на њама кўдакистонњои навтаъсис бо барномањои таълимї таъминанд. Дар минтаќаи Кўлоб бошад, аслан роњкирои мураббиён, ба њангоми гузаштан аз машѓулиятњои такмили ихтисос пардохт карда намешаванд. Раванди таълиму тарбияи кўдакистонњо дар шањру навоњии вилоятњои Суѓд ва Бадахшони Кўњї ростї, намунаи ибрат мебошанд. Зимнан, дар муњтавою љузъиёти гузаронидани машѓулиятњо дар бисёр муассисањои томактабї камбудињои љиддї љой доранд, ки бояд ба гунаи фаврию њатмї ислоњ ва бартараф карда шаванд. Дар бархе аз кўдакистонњо машѓулиятњо вобаста ба синну сол ва тибќи барномањои таълимї ба роњ монда нашудаанд. Аз ин лињоз, иљрои барнома дар ин ё он гурўњњои синнусолї на аз тарафи сарварони кўдакистонњо ва на масъулони шуъбањои маориф амалї нагардида мондааст. Метавонам, мисол орам: боре бо яке аз мураббиёни ноњияи дурдасти кўњї њамсуњбат шудам. Пурсидам, ки њисоби математикиро

шумо аз кадом синну сол шуруъ мекунед? Он мураббї дар посух иброз дошт, ки дар боѓчаи мо бо кўдакони гурўњи якуми хурд (аз 2 то 3-сола) аллакай њисобро мегузарем". Ана ба куљо расидаем! Хотиррасон бояд кард, ки ин амал хилофи њама гуна талаботи барномаи таълимии муассисањои томактабї мебошад. Њол он ки тибќи барнома дар синни аз 2 то 4 рангњо, шакли љисмњо, ашё ва хосияти онњо омўзонида мешаванд. Инро дар илм тарбияи маърифати сенсорї меноманд, ки он заминаест барои гузаштан ба омўзиши тасаввуроти одитарини математикї, ки аз 3-4солагї ба кўдакон таълим дода мешавад. Норасоии дигар, ки моро љиддан ба ташвиш овардааст, ин номувофиќатии барномањои таълимии кўдакистонњо бо барномаи таълимии синфњои ибтидої (синфи 1 дар назар аст), мањсуб меёбад. Бояд мураббиёну омўзгорон њангоми гузаронидани машѓулиятњо аз сабку шевањои љадиди интерактивї ва бо назардошти хусусиятњои руњиву равонии кўдакон кор бигиранд.

Андешањо перомуни озмуни "Мураббии сол".

Соли гузашта озмуни навбатии љумњуриявии "Мураббии сол" баргузор гардида буд. Муаллима Т.Девоншоева дар хусуси боз њам бањтару судмандтар гузаштани ин чорабинии ибратангез афкори хешро иброз дошт, ки бад-ин шева мебошанд. - Низомномаи озмуни мазкур ва шартњои он бояд бознигарї ва таљдиди назар карда шуда, такмил ёбад. Ба гунаи мисол, чун анъана дар асоси низомнома њисоботи фаъолияти кории мураббияњо алоњида шунида мешаваду њисоботи эљодии онњо алоњида. Бояд њардуи ин њисобот ба таври муштарак (ягона) пешнињод карда шаванд. Донишу саводи иштирокдорони озмун баёнгари он аст, ки мураббияњо ва сарварони кўдакистонњо дар фањмишу дарки њуљљатњои меъёрию њуќуќии соња њанўз дониши казої надоранд. Њини гузаронидани машѓулиятњо аз методика ва сабку шевањои муосир бархурдор нестанд. Бисёр хуб мешуд, ки сарварони кўдакистонњо машѓулиятњои таълимии гурўњњои гуногуни синнусолии кўдакистонњоро тањти назорати ќатъї ќарор дињанд. Хурсандиовар аст, ки акнун Стандарти инкишоф ва омўзиши барваќтии кўдак кор карда шуд ва дастраси муассисањои томактабї гардид ва он кори омўзгорону мураббиёнро басо осон кард.

Шодї РАЉАБЗОД, "Омўзгор"

Тўтихон Девоншоева дар ду конференсияи байналмилалї, ки яке дар шањри Остонаи Ќазоќистон (с.2005) ва дигаре дар шањри Прагаи Чехия (с.2008) баргузор шудааст, иштирок кардааст. Њамчунин, соли 2010 дар Маскав, дар конфронси умумиљањонии намояндагони муассисањои томактабї ширкат намудааст.

РАВШАНИБАХШИ РОЊИ ФАРДОЯМ умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас пайваста, пешаи омўзгориро интихоб менамояд. Имрўзњо устоди ѓамхору мењрубони мо И.Саидовро тамоми мардуми ноњияњои Рўдакиву Варзоб мешиносанд, зеро дастаи санъаткорони мактаби ў дар гузаронидани љашну маросимњои фарњангию адабии мактабу ноњия сањми калон дошта, дар озмунњои ноњиявї, минтаќавї ва љумњуриявии "Ѓунчањои санъат" иштирок намуда, сазовори љойњои ифтихорї гаштааст. Њамчунин, дар дарсњои мусиќї ба шогирдон аз нозукињои санъати мусиќию овозхонї дарс гуфта, кўшиш менамояд, ки онњоро дар рўњияи зебоипарастию хештаншиносї ва ватандўстї тарбия намояд. Дар ин муддат, тавонистааст дар дили хонандагон шавќу завќ ва мењру муњаббатро нисбат ба санъат бедор намояд. Аз ин љост, ки шогирдони зиёди устод Донишкадаи санъат ва Консерваторияи миллиро хатм намуда, имрўзњо ба њайси омўзгорони мусиќї ва њунармандони дастањои њунарии љумњурї фаъолият доранд. -Охири солњои 80-ум дар синфњои ибтидої дарс мегуфтам. Он айём барои худ як

дунёи дигарро кашф карда будам, - дунёи беѓашу ороми кўдакї. Зеро зинањои ибтидої пояи ташаккули шахсият буда, ояндаи ў аз омўзгори синфњои ибтидої вобастагии бештаре дорад. Ва инак, 25 сол аст, ки ман њар субњ ба сўи мактаб ва шогирдони худ мешитобаму бо онњо ба олами дигар ворид мешавам,-мегўяд устод. - Агар ман дар кори таълиму тарбия ба комёбие муваффаќ гаштаам, - мегўяд устод И.Саидов, - инро натиљаи он медонам, ки усули анъанавиро бо усули замонавї омезиш дода, ба он тобиши нав бахшидам. Устухонбандии дарс, натиљагирї аз он аз мањорати омўзгор вобаста аст. Зеро истифода аз намудњои гуногуни дарс љараёни таълимро рангин ва сермањсул мегардонад.

Њанўз соли 1984-ум устод Иброњим Саидов сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф гардида буд ва соли 1990-ум мењнатњои пурсамари ўро бо нишони "Аълочии маорифи Тољикистон" ќадр намуданд. Соли 2012ум устоди мо соњиби нишони "Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон" гардиданд. -Омўзгор будан њунарест оливу наљиб! На барои он омўзгорам, ки маълумоти омўзгорї дорам, балки ботинан эътимод дорам, ки омўзгорам. Ман омўзгорам,равшанибахши роњи фардоям. Ободгари ќалбњо, њидоятгари роњи рости инсонњоям ва шогирдонам давоми умри мананд,-бо ифтихор ва сари баланд мегўяд Иброњим Саидов.-Ман як андеша дорам ва ин њам бошад, андешаи фардои Ватан. Њар субњ ба сўи мактаб мешитобам. Маро он љо дилњои поку беѓаш ва чашмони пур аз умеду љўёи мењр интизоранд. Медонам, шахсиятеро бояд тарбия намоям, ки бунёдкору созанда бошад ва бањри амалишавии ин маќсад то замоне нафас дар гулўям мепечад, кўшиш менамоям…

Э.ХУШБАХТ, "Омўзгор"


АНЉОМ

№8 22-юми феврали соли 2013

4ЭЪЛОН! Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї ОЗМУН эълон менамояд:

-сардори раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї - музди мењнат 1550 сомонї; -мутахассиси раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломї - музди мењнат 464 сомонї; Талабот ба довталабон: Тањсилот: олї Њуљљатњои зарурии пешнињодшаванда: - аризаи шахсї ба унвони роњбари маќоми давлатї; - вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо (бо 2 дона акси андозаи 4х6) - тарљумаи њол - нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот - нусхаи дафтарчаи мењнатї - нусхаи шиноснома бо љойи истиќомат - маълумотномаи тиббї оид ба вазъи саломатии шакли 086 У Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Индекс: 734024 ш.Душанбе, кўчаи Нисормуњаммад 13А (назди бозори Шоњмансур) тел: 227-67-07 Ќабули њуљљатњо то 9 марти соли 2013 (њар рўз аз соати 1400 то 1700) дар раёсати кадрњо ва корњои махсус - њуљраи 400, 412 Озмун рўзи 13.03.2013, соати 1000 баргузор мегардад.

ПАНЉ ЛАТИФА

Аз шахсе, ки бисёр хоб мекард ва хобро дўст медошт пурсиданд: -Ширинтар аз хоб чизе

дидаї? Посух додааст: -Агар дидаам, дар хоб дидам. ХХХ Марди дењотї ба соњибмансаби порахуре ду гўсфанд њадя намуд. Соњибмансаб дар љавоб ба мард як хар њадя кард. Дењотии соддафеъл аз ин амали мансабдор ба хиљолат афтода гуфт: -Бародари азиз, чаро ба ман хар њадя кардї? Бидон, ки худ ту барои ман аз сад хар баарзиштарї. ХХХ Ваќте ки Абўљањлро бо чанд тани дигар ба ќатл мебурданд хоњиш кард: -Сари маро аз поинтари гардан бибуред. Гуфтанд: - Ба чї хотир?

Шањодатномаи гумшудаи ШТС №0073970, ки онро соли 2003 мактаби раќами 30-и ноњияи Фирдавсї ба Ѓуломов Аъзамљон Тоирович додааст, эътибор надорад.

Номаи камоли гумшудаи АБ №247535, ки онро соли 1994 мактаби №65-и ноњияи Шоњмансур ба Мадаминов Ќосимљон Абдувањобович додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи ТШТА №0092629, ки онро соли 2005 мактаби раќами 30-и ноњияи Фирдавсї ба Ширинов Љамшед Абдуллоевич додааст, эътибор надорад.

Номаи камоли гумшудаи АБ №099163, ки онро соли 1999 мактаби №7 (њозира 8) ноњияи Рўдакї ба Файзалиев Наљмиддин Бобокалонович додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи № А 260780, ки онро соли 1996 мактаби №4-и ноњияи Сомонї ба Аминев Денис Атович додааст, эътибор надорад.

Номаи камоли гумшудаи ТШТУ-0039690, ки онро соли 2003 мактаби №12-и ноњияи Шањринав ба Умбаров Фазлиддин Чориевич додааст, эътибор надорад.

Гуфт: -Чун пас аз ќатл сарњои моро дар сари найзањо мегардонанд, мехоњам сари ман аз њама боло бошад. ХХХ Аз кўдаке пурсиданд: -Падарат кист? Гуфт: -Гов Гуфтанд: -Чаро чунин беадабона посух гўї? Гуфт: -Ин беадабї нест. Њар гоњ падарам маро чунин фарёд мекунад: -Гўсола! Маълум, ки гўсола фарзанди гов аст! ХХХ Омўзгоре феъли рафтанро ба шогирдон тасриф бахшид: меравам, меравї меравем… Сипас, аз шогирде пурсид: - Хуб мавзўъро фањмидї? Гуфт: - Оре. Боз пурсид: -Чї фањмидї? Гуфт: -Фањмидам, ки њама мерафтаем. Шањодатномаи гумшудаи №179874, ки онро соли 1987 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №19-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Негматуллоев Абдулло Уляшович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Б №307350, ки онро соли 1982 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №18-и ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Негматуллоев Мухамад Уляшович додааст, эътибор надорад.

Маъмурият ва њайати омўзгорону донишљўёни Коллељи омўзгории ДДОТ ба номи С.Айнї аз вафоти мудири кафедраи педагогика ва психологияи коллељ МАСИМОВ Масим Улуѓбекович сахт андўњгин буда, ба ањли хонавода ва пайвандони марњум сабри љамил хоњонанд. Маъмурияти Коллељи омўзгории ДДОТ ба номи С.Айнї ва њайати устодону донишљўёни таълимгоњ ба омўзгори кафедраи филология Ќосимова Мастура Нозимовна бинобар даргузашти фарзандаш АЛИЉОН изњори тасаллият баён менамоянд. Маъмурияти гимназияи №53, ба номи Муњаббат Мањмудова аз вафоти омўзгори фанни химия ВАЛИХОЉАЕВА БАШОРАТ сахт андуњгин буда, ба пайвандони марњум сабри љамил хоњонанд.

Сармуњаррир:

Ноилшо НУРАЛИЕВ

БДА ХАБАР МЕДИЊАД БА ТАВАЉЉУЊИ РОЊБАРОНИ МУАССИСАЊОИ ТАЊСИЛОТИ ОЛИИ КАСБЇ

Рўйхати донишљўёни мактабњои олие, ки 12-уми феврали соли 2013-ум тавассути воситањои наќлиёти шахсиашон ба дарс омада, аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар шањри Душанбе ошкор ва нисбаташон протоколњои маъмурї тартиб дода шудаанд. 1. Зоиров Ќурбоналї Ашуралиевич, донишљўи бахши 3-юми факултаи биологияи ДМТ . 2. Холмуродов Абдулло Давлатмуродович, донишљўи бахши 4уми факултаи фалсафаи ДМТ. 3. Аъзамов Фарњод Холович, донишљўи бахши 5-уми факултаи механика ва математикаи ДМТ. 4. Асатуллозода Фарухљони Искандар, донишљўи бахши 1-уми факултаи механика ва математикаи ДМТ 5. Расулов Мењроб Сафаралиевич, донишљўи бахши 2-юми ДМТ. 6. Саидов Шањбоз Туполхонович, донишљўи бахши 4-уми факултаи механика ва математикаи ДМТ. 7. Каримов Сайњунљон Акбарович, донишљўи бахши 2-юми факултаи геологияи ДМТ. 8. Парвизљони Абдулњаќ, донишљўи бахши 3-юми факултаи фалсафаи ДМТ. 9. Саидов Ањлиддин Сайфиддинович, донишљўи бахши 2-юми факултаи таърихи факултаи механика ва математикаи ДМТ. 10. Ќосимов Хуршед Ќањорхонович, донишљўи бахши 4-уми факултаи њуќуќшиносии ДМТ. 11. Бафоев Шоњин Мусоевич, донишљўи бахши 4-уми факултаи филологияи Донишгоњи славянии Тољикистон-Россия. 12. Шарипов Ромиш Джомиёрович, донишљўи бахши 3-юми ДТТ ба номи академик М.Осимї. 13. Шарипов Хусрав Саидмуродович, донишљўи бахши 5-уми ДТТ ба номи академик М.Осимї. 14. Бењрўзи Раљабалї, донишљўи бахши 4-уми ДТТ ба номи академик М.Осимї. 15. Пулотов Саидбек Ашурбекович донишљўи бахши 5-уми ДТТ ба номи академик М.Осимї. 16. Нуриддинов Некрўз Зиёвуддинович, донишљўи бахши 1-уми факултаи молия ва ќарз Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон. 17. Рањмонзода Бањрулои Ѓаффор, донишљўи ДАТ ба Ш.Шоњтемуров факултаи ветеринарї. 18. Самандари Обидљонзода, донишљўи бахши 4-уми факултети стандартизатсияи Донишгоњи техникии Тољикистон. 19. Рустамзода Суњроб, донишљўи бахши 4-уми факултаи турзим Донишкадаи соњибкорї ва хизмат. 20. Шокири Абдурањмон, донишљўи бахши 4-уми факултаи молия ва иќтисод ДМТ. 21. Бењрўзи Насрулло, донишљўи бахши 4-уми факултаи филологияи Донишгоњи Славянии Тољикистон-Россия. 22. Иззатов Диловаршоњ Аббосович, донишљўи бахши 2-юми факултаи фарматсевтии ДМТ. 23. Њикматуллозода Ѓолибљони Муродќул, донишљўи бахши 4уми факултаи муњандис технологи ДТТ. 24. Рањмонов Музаффар Таѓоймуродович, донишљўи бахши 4уми гурўњи њарбии Донишкадаи тарбияи љисмонї. 25. Рањимзода Фирдавси Саидањмад, донишљўи факултаи умумии Донишкадаи Исломии Тољикистон. 26. Шурушев Даврон Бахтиёрович, донишљўи бахши 4-уми факултаи механика ва математикаи ДМТ. 27. Муњиддинов Шамсиддин Асомуддинович, донишљўи бахши 3-юми Донишгоњи молия ва иќтисод. 28. Саидов Муњаммадљон, донишљўи бахши 1-уми Донишгоњи молия ва иќтисод. 29. Ѓаниев Валиљон Худойќулович, донишљўи факултаи математика ва механикаи ДМТ. 30. Рауфов Рањматљон Зафарович, донишљўи бахши 5-уми ДТТ бо номи академик М.Осимї. 31. Абдуллоев Бахтиёр, донишљўи бахши 3-юми факултаи иќтисод ва молияи Донишгоњи технологии Тољикистон. 32. Саидзода Љамшеди Рустам, донишљўи бахши 6-уми Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи А.И.Сино. 33. Ањмадов Расул Илёсович, донишљўи бахши 4-уми Донишгоњи технологии Тољикистон. 34. Давлатов Њадиятулло Боймањмадович, донишљўи факултаи энергетикии ДТТ ба номи академик М. Осимї. 35. Каримов Манучењр Мањмадраљабович, донишљўи бахши 2юми ДТТ ба номи академик М.Осимї. 36. Таджибоев Фарњод Мањмадхонович, донишљўи бахши 3-юми факултаи иќтисод ва барномасозии Донишгоњи технологии Тољикистон Ш. ЛАТИФОВ, нозири калони ШБДА, РВКД дар шањри Душанбе, подполковники милитсия

Њайати Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, тањрир: М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Почтаи электронї: info@omuzgor-news.tj Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 244 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

Omuzgor № 7 2013  

Omuzgor № 7 2013

Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you