Page 1

Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

№ 38 (11899) 20 сентябри соли 2013

НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН МЕЊРНОМА

www.omuzgor-news.tj

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халќии Тољикистон

НАХУСТИН КЎДАКИСТОНИ ПРЕЗИДЕНТЇ ДАР МАМЛАКАТ ÄÀÐ ÁÀЊÎÈ ЉÎÍ СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОЊИ КЎДАКИСТОНИ ПРЕЗИДЕНТЇ ДАР ШАЊРИ ХУЉАНД (17.09.201)

Он чист, ки марзи шаъну Он чист, ки маънои тамоми шон аст? – Ватан! њастї Имону амони мо дар он аст? Дар маънии поки он нињон – Ватан! аст? – Ватан! Он чист, ки бе вай њама чизи Сарбайти суруди безаволи олам њастист, Бе њусну таровату равон Сарманшаи ишќи љовидон аст? – Ватан! аст? – Ватан! Он чист ба њаљр зинда дорад Њам ќимату њам њиммату ёдаш, њам њикмати ту Чун шањд њамеша дар забон Дар вањдати љони ў нињон аст? – Ватан! аст? – Ватан! Аз подшањи ба мулки ѓурбат Он чист, ба њељ неъмате болост, нафрўшанд, Хокаш зи њама ганљ гарон Он чист, ки дар бањои љон аст? – Ватан! аст? – Ватан!

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

Мураббиён ва фарзандони азиз! Њозирини гиромї! Мо дар ин лањзањои хотирмон нахустин кўдакистони Президентиро, ки дар мавзеи зебои соњили Сирдарё љойгир аст ва барои таълиму тарбияи 1000 нафар кўдакон пешбинї шудааст, ба истифода супоридем. Ба муносибати ин рўйдоди муњим, инчунин ба ифтихори солгарди љашни истиќлолияти давлатии Ватани азизамон, ки мо чанд рўз пеш ин санаи таърихиро бо эњсоси баланди ватандорї таљлил намудем, њамаи шумо - мураббиёну тарбиятгирандагон, падару модарон, кормандони маориф ва њозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба њар яки шумо хонаи обод, ба мураббиёну омўзгорон барори кор ва ба шумо – фарзандони азиз умри дароз орзу менамоям. Моњи июни њамин сол мо бо љараёни корњои сохтмон дар иншооти имрўза шинос гардида, њамзамон ба муњандисону сохтмончиён дастур дода будем, ки кўдакистон то моњи ноябр, яъне, то фаро расидани фасли сармо сохта, ба истифода супорида шавад. Ва тавре ки имрўз мебинем, ин супориш пеш аз муњлат ба анљом расонида шуд. Аз ин рў, ман ба њамаи мутахассисон ва кормандону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр, яъне бунёди чунин муассисаи таълимии

зебову замонавї барои насли ояндасози Ватанамон сањми сазовор гузоштаанд, изњори сипос менамоям. Гузаштагони мо њамеша таъкид намудаанд, ки ба кори тарбия аз айёми тифлии инсон оѓоз кардан лозим аст. Ин таъкиди бузургон бояд дастури њамешагї барои њар як падару модар, инчунин мураббиён бошад. Дар ин самт наќши кўдакистон њамчун зинаи нахустини низоми таълиму тарбия барои тарбия ва таќвияти зењни кўдакон бисёр муњиму созанда мебошад. Бо дарназардошти ањамияти бузурги таълиму тарбияи томактабии кўдакон дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маљлиси Олї сохтору маќомоти дахлдори давлатї вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятњо дар хусуси бунёди муассисањои томактабї ва фаро гирифтани теъдоди њарчи бештари кўдакон ба чунин муассисањо мунтазам чораљўї намоянд. Чунки имрўз њамагї дар кишвар дањ фоизи кўдакони синни томактабї ба чунин муассисањо фаро гирифта шудаанд. Аз ин лињоз, ба фаъолият оѓоз кардани муассисаи имрўза иќдоми љиддї ва татбиќи амалии дастури зикршуда мебошад. Дарвоќеъ, љињати фаъо-

лияти самараноки марказњои томактабї зарур аст, ки аз тамоми воситаву имкониятњо истифода намуда, пеш аз њама, ба бунёди муассисањои томактабии замонавї, шароити хуби таълиму тарбия ва љорї намудани усулњои муосири фаъолияти онњо таваљљуњи бештар дода шавад. Кўдакистони ифтитоњшуда яке аз бузургтарин муассисањои томактабї ва љавобгўи тамоми талаботи рўз буда, барои бо усули инноватсионї фаъолият кардани он њамаи шароит фароњам оварда шудааст. Кўдакистон дар масоњати се гектар бо харљи беш аз 15 миллион сомонї аз њисоби буљети давлатї сохта шуда, аз биноњои асосї ва иловагї, инчунин ошхонаву утоќњои компютерї, мусиќї, варзишї ва муоинаи тиббї иборат мебошад. Ѓайр аз ин, кўдакистон дорои маљлисгоњу њавзњои шиноварї буда, дар сањни њавлии он барои истироњат ва бозии кўдакон 42 майдончаи бо лавозимоти дилхушиву инкишофи кўдакон муљањњаз омода карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин муассиса беш аз 200 нафар мураббиёну мутахассисон соњиби љойи кори доимї гардиданд. Солњои ќаблї дар муассисањои томактабї як силсила мушкилоту масъалањо вуљуд доштанд, ки барои фа(Давомаш дар сањ.2)

ДОХИЛШАВАНДАЊО, ДУХТУРШАВАНДАЊО, ДАСТУРДЕЊОН сањ.

6

ОРОМГОЊИ ОДАМУШШУАРО

7 ВАЌТЕ КИ КЎДАК КАЛОН МЕШАВАД… сањ. 9

сањ.

РЎЗГОРИ ЊИКМАТРЕЗ

сањ. сањ

13


2

ОМЎЗГОР

ПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ

№ 38, 20 сентябри соли 2013

НАХУСТИН КЎДАКИСТОНИ ПРЕЗИДЕНТЇ ДАР МАМЛАКАТ (Аввалаш дар сањ.1)

ъолияти босамари онњо монеаи љиддї эљод мекарданд. Аз ин рў, бо маќсади тањкими заминањои моддиву техникии чунин муассисањо, барќарор кардани фаъолияти муассисањои томактабии аз фаъолият бозмонда, баланд бардоштани сатњи омодагии хурдсолон ба мактаб ва умуман тањкиму густариш бахшидан ба раванди тарбияи кўдакону наврасон аз љониби Њукумати Тољикистон ду санади муњим - «Барномаи давлатии рушди соњаи тарбияи томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010» ва “Барномаи давлатии рушди соњаи тарбияи томактабї барои солњои 20122016” ќабул карда шуд. Дар натиљаи татбиќи чорабинињои пешбиникардаи барномањои мазкур вазъи муассисањои томактабї имрўз хеле бењтар гардида, то ба њол дањњо кўдакистону боѓчањои бачагона сохта, ба истифода дода шуданд. Дар баробари муассисањои давлатии томактабї инчунин фаъолияти кўдакистонњои назди вазорату идорањо ва ташкилоту корхонањо вусъат пайдо кард, ки ин раванд ба афзоиши фарогирии кўдакон ва зиёд гардидани љойњои корї аз њисоби занони хонашин мусоидат намуд. Дар миќёси вилояти Суѓд тамоюли афзоиши муассисањои давлатии томактабї бештар ба назар мерасад ва айни замон теъдоди онњо ба 213 расидааст. Њамзамон бо ин, дар шањру ноњияњои вилоят 11 муассисаи тањсилоти томактабии ѓайридавлатї фаъолият дорад, ки дар онњо ќариб 1000 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Танњо дар давоми соли охир шумораи муассисањои томактабї дар вилоят 13 адад афзуда, ќариб 37 њазор нафар кўдакони синни томактабї, яъне 13 фоизи кўдакони вилоят ба зинаи аввали

МУЖДА

таълиму тарбия ва марказњои инкишофи кўдакон фаро гирифта шудаанд. Дар доираи “Барномаи давлатии рушди соњаи тарбияи томактабї барои солњои 20122016” дар вилоят бояд 50 муассисаи томактабї аз таъмири асосї бароварда шавад. Алњол дар муассисањои тањсилоти томактабии вилоят дуюним њазор нафар мураббиён ба тарбияи кўдакон машѓуланд, ки ќариб 1000 нафарашон дорои тањсилоти олї мебошанд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, таъкид месозам, ки рисолати мураббиёни муассисањои томактабї кори бенињоят масъулиятнок буда, аз мураббиён, яъне, тарбиягарон пеш аз њама, нисбат ба кўдак мењру муњаббати самимї доштанро таќозо мекунад. Мураббї бояд ба кўдак ва ояндаи ў назари нек дошта, аз дунёи беолоиши кўдак бохабар бошад. Бинобар ин, ки мураббиёну кормандони муассисањои томактабї асосан занњо мебошанд, бо итминони комил гуфта метавонам, ки занњои бофарњанг ва боиффати тољик ин вазифаи воќеан пурифтихори модаронаро минбаъд низ сарбаландона уњда мекунанд. Дар баробари ин, ба сохтору маќомоти дахлдор зарур аст, ки ба сифати тайёр кардани кадрњо барои муассисањои тарбияи томактабї, такмили ихтисос ва љобаљогузории онњо дар асоси меъёрњои муосир диќќати бештар дода, кўшиш намоянд, ки муассисањои мазкур кўдаконро барои тањсил дар мактабњои ибтидої њарчи бењтар омода созанд. Инчунин, зарур аст, ки муассисањои томактабї бо китобњои таълимї, таљњизоти аёниву варзишї ва тиббї пурра таъмин бошанд ва фаъолияти онњо дар асоси барномањои муосири таълиму тарбия ба роњ монда шавад. Аз ин рў, ба Вазорати маориф ва маќомоти иљроияи њокимияти

давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо супориш дода мешавад, ки љињати бо кадрњои баландихтисос таъмин намудани муассисањои томактабї, тањия ва нашри китобњои дарсї барои кўдакони синни томактабї ва вусъат додани сохтмони муассисањои таълимї барои кўдакон, инчунин таъмиру азнавсозї ва таљњизонидани кўдакистонњои мављуда мунтазам чораљўї намояд. Итминони комил дорам, ки ифтитоњи нахустин кўдакистони Президентї дар самти тарбияи маънавию ахлоќии кўдакон ва соњибмаърифату донишманд гардидани онњо заминаи мусоидро фароњам оварда, дар ин боргоњи маърифату тарбия насли бофарњанг ва бозаковату донишманд ба камол хоњад расид. Мураббиён ва омўзгорони муњтарами мо бояд як нуктаи муњимро њамеша дар хотир дошта бошанд, ки талошњои давлату Њукумат бо бунёди муассисањои томактабї ва таъмин намудани њамаи шароити мусоид барои кўдакон гузоштани заминањои бунёдии тарбияи насли ояндасоз, ворисони тарбиятдидаву хушахлоќ ва фарзандони њушёру зираки миллат мебошад. Тарбияи кўдакони имрўза, ки насли ободгару ояндасози миллатамон мебошанд, кори бисёр пурмасъулият аст ва ман итминон дорам, ки мураббиёну кормандони ин макони муќаддаси ба камол расонидани созандагони ояндаи Ватанамон ба иљрои вазифаи худ бо камоли љиддияту масъулият ва мењру муњаббат муносибат хоњанд кард. Бо изњори њамин ниятњои нек ба њамаи шумо - њозирини гиромї, омўзгорону мураббиён саломатї, хонаи обод ва дар фаъолияти пурмасъулу зањматталабатон љињати таълиму тарбияи фарзандони солењу баркамол барори кор орзу менамоям. www.prezident.tj

ИФТИТОЊИ БИНОИ ИЛОВАГЇ

Тавре сомонаи АМИТ «Ховар» иттилоъ медињад, дар љамоати дењоти Њайдар Усмонови ноњияи Бобољон Ѓафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар њудуди мактаби миёнаи тањсилоти умумии раќами 13 бинои сеошёнаи иловагї мавриди истифода ќарор дода шуд, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 хонанда дар ду баст пешбинї гардидааст. Бояд гуфт, ки дар баробари сохтмони бинои нав иншооти пешинаи мактаб њам мавриди навсозї ќарор гирифта, дар маљмўъ дар ин муассисаи таълимї барои 3700 нафар хонанда дар 2 баст шароит муњайё гардидааст. Сохтмони бинои навбунёди мактаб моњи феврали соли 2012 оѓоз ёфта, бо харљи ќариб 5 миллион сомонї то имрўз барои бањрабардорї омода гардидааст. Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонањои муљањњази фаннї барои дарсњои физика, кимиё, биология, забонњои хориљї ва ѓайра мебошад. Синфњои омўзиши забонњои хориљї бо

НАВГОНЇ

Ин иншооти зебою муњташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Кўдакон, ки ба 46 гурўњи аз 16 то 20-нафарї шомил мегар-

шаванд. Ба кўдакистон аз љониби Президенти кишвар Эмомалї Рањмон як мошини ёрии таъљилии тиббї, 2 автобуси чилнафара ва як мошини боркаш

ОШЁНИ КЎДАКОН

данд, њамчунин ба се гурўњи синнусолї таќсим шуда, аз њама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солањо дар ошёнаи дуюм ва 6-солањо дар ќабати сеюми бино љойгир карда мешаванд. Дастгоњу таљњизот, утоќњои машѓулиятї, бозию дилхушї ва хобу фароѓат њам дар њар ошёна мутобиќ ба синну соли кўдакони њамин се гурўњ омода гардидааст. Барои омўзишу парастории босифати њазор кўдаки болаёќат ва хизматрасонињои дигар ба ин љо беш аз 260 нафар кормандони соњибтаљрибаи корозмуда ба кор љалб ме-

ТАЪЛИМГОЊ Иншооти дигаре, ки дар шањри Хуљанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон мавриди истифода

њадя карда шуд. Дар сањни њавлии кўдакистон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар назди беш 2 њазор нафар кормандони соњаи маориф ва дигар сохтору муассисањои масъули омўзишу парвариши насли навраси вилоят суханронї карда, аз дастовардњои назарраси њукумати кишвар дар ин самти муњими сиёсати иљтимоии давлат ёдовар шуд ва њамагонро ба омодасозии босифати кўдакону наврасон ва љавонони ояндасози Ватани азизи мо њидоят намуд. www.prezident.tj омўзиши кор бо компютер, забонњои хориљї, синфхонањои лабораторї барои фанњои даќиќ, ба мисли физика, кимиё, биология ва њамчунин, толорњо барои дарсњои раќс, сурудхонї,

МАКТАБ ДАР МАЊАЛЛАИ НАВ

дастгоњњои лингофонї муљањњаз аст. Мактаб, њамчунин, дорои толори барњавои маљлис, ошхона, толори варзишї ва майдонњои варзишї барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозињо мебошад. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон шароити хуби дар ин мактаб муњайёгардида изњори ќаноатмандї карда, омўзгорон ва падару модарони хонандагонро ба истифодаи босамар аз ин неъматњои истиќлоли давлатии Тољикистон ва вањдату дўстии мардуми кишвар њидоят намуд.

ќарор гирифт, мактаби тањсилоти миёнаи умумї дар Мањаллаи нав барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад. Ин Мањаллаи нав дар минтаќаи саноатии шимолу шарќии шањри Хуљанд аз соли 2003 бунёд ёфта, то ин ваќт мактаб надошт. Аз ин хотир, дар ин љо бо харљи беш аз 4 миллион сомонї мактаби нави замонавї бо 16 синфхонаи ба талаботи замон љавобгўй бунёд карда шуд. Бо мавриди истифода ќарор гирифтани ин муассисаи таълимї мушкили норасоии мактабњо дар шањри Хуљанд пурра бартараф гардид. Дар ин мактаб шароити зарурї барои дарсњои

мањфилњои фарњангї, толори маљлисї бо 120 љойи нишаст ва ошхонаи барњаво бо 100 љойи нишаст дар сатњи баланд омода гардидааст. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ифтитоњи мактаби замонавиро ба сокинони мањаллаи нав ва кулли шањри Хуљанд табрику тањният гуфта, омўзгорон ва волидони мактаббачагонро ба таълиму тарбияи босифати насли оянда њидоят намуд.


ОМЎЗГОР

АХБОР

№ 38, 20 сентябри соли 2013

ХУШХАБАР

МУАРРИФЇ

«ОМЎЗГОР» БА ЊАР ОМЎЗГОР Маъракаи обуна ба нашрияи дўстдоштаи ањли маорифи мамлакат-«Омўзгор» хуб идома дорад. Имсол кормандони муассисањои таълимї азм доранд, ки ба шумораи бештари њафтанома обуна шуда, алоќаро бо минбари асосии омўзгорон боз њам мустањкам намуда, дар тарѓибу ташвиќи кори таълиму тарбия њиссаи арзанда гузоранд. Ба фикри аксари хонандагон, ваќтњои охир муњтаво ва сифати чопи њафтанома хеле бењтар шудааст. Ин аст, ки дар рўзњои оѓози бобарори обунашавї ба рўзномаву маљаллањо аз ноњияи Фархор ба идораи њафтанома

САХОВАТ

хабари хуш расид. Ањли маорифи ноњия дар мамлакат нахустин шуда, наќшаи обунаро ба нашрияи асосии худ иљро карданд. Дар ин бора ба идораи њафтанома мудири шуъбаи маорифи ноњия Ѓазалшо Сафаров иттилоъ дод. Ба ќавли мавсуф, ањли маорифи ноњия ба 800 нусха њафтаномаи «Омўзгор» обуна шуданд ва ният доранд то охири сол ин шумораро ба 1000 расонанд. Обунашавї ба њафтаномаи «Омўзгор» идома дорад. «Омўзгор» барои шумост, омўзгорони азиз! М.РУСТАМ, «Омўзгор»

16 сентябри соли љорї дар маљлисгоњи Вазорати маориф бо иштироки муовинони вазир, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшњои дастгоњи вазорат, роњбарони муассиса ва ташкилотњои то-

ТАШАББУС

МАКТАБ ДАР ВОСЕЪ

Дар дењоти баландкўњи Fаллазори љамоати дењоти ба номи Вайсови ноњияи Восеъ бинои мактаби нав иборат аз 6 синфхона аз тарафи соњибкорони мањаллї бо роњи њашар иборат аз 6 синфхона сохта ба истифода дода шуд. То ин ваќт хонандагони дењаи номбурда пас аз хатми зинаи аввали тањсилоти ибтидої барои давом додани тањсил масофаи 3 км-ро тай намуда, дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №6 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Аз оѓози соли равон дар ноњия таљдиду таъмири биноњои мављудаи муассисањои таълимї, инчунин, бунёди синфхонањои иловагї вусъат меёбад ва то ин ваќт бинои мактабњои № 33, 48 ва 54 ба истифода дода шудааст.То охири сол бо маблаѓгузории Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон боз ду муассисаи нави таълимии №31 ва 58 мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад. Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»

кори таъмири ошхонаи мактаб оѓоз ёфт. Соњибкор худ мунтазам назорат мекард, ки кори коргарон хушсифат ва бомаром бошад. Дар давоми 20 рўз ошхонаи мактаб пурра таъмир гардид ва акнун он як бинои тамоман навро мемонд: фаршаш гилемпўш, деворњояш андоваю рангкарда, дару тиреза, мизу курсињо, таљњизоти пухтупаз тамоман нав. Ошхона телевизор ва тубакњои зиёди пургул дорад, ки низ аз њиммати соњибкор Моњирабонуст. Рўзи 12 сентябр бо оростани зиёфати хайрия барои тамоми мактабиён аз љониби соњибкор ба фаъолияти ошхонаи мактаб оѓоз бахшида шуд. Ба ин муносибат раиси ноњияи Шоњмансур С.Бобоев, муовини раис Ф.Ќосимова, раиси мањалла М.Бозорова, намояндагон аз шуъбаи маорифи ноњия, раёсати маорифи шањр ва АВО ба мактаб омада, ањли таълимгоњро табрик гуфтанд ва ба соњибкор Моњира Рањимова арзи сипос намуданд. №15 Директори мактаби

беи вазорат муаррифии сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” (ММТ) доир гардид. Сардори шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионии ММТ Р. Назаров суханронї намуда, оид ба бахшњо ва зербахшњои сомона, љойгир намудани иттилоот ва истифодабарии сомона маълумот дод. Сомонаи расмии ММТ бо се забон (тољикї, русї ва англисї) тањия гардида, дар он њуљљатњои расмии ММТ, ќонунњо ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати мао-

да шудаанд, ки хонандаро барои хондани маълумотњо ва ворид шудан ба бахшњои сомона њидоят мекунад. Дар рафти чорабинї ба иштирокчиён буклети иттилоотии ММТ, брошюраи низоми нав ва вараќаи сомонаи расмии ММТ таќсим карда шуд. Баъд аз муаррифии сомона, аз тарафи иштирокчиён оид ба љалби бештари хонандагон ба сомона ва такмил додани бахши забонњои русї ва англисї дархостњо пешнињод гардид. Парвиз САИДОВ, сардори шуъбаи робита бо љомеаи Маркази миллии тестї

ЉАШН

МАОРИФ - СОЊАИ АСОСЇ

Таљлили 80 - солагии таъсисёбии ноњияи Ванљ ба љашни 22-юмин солгарди Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон рост омад. Омўзгори куњансоли ноњия Саёњат Ѓиёсов иброз дошт, ки њамсоли ноњияи Ванљ аст. Ў, зимнан, гуфт, ки дар давоми давлатдории Иттињоди Шўравї дар ноњияи Ванљ он ќадар ободонї нашудааст, ки дар фосилаи соњибистиќлолии кишвар рўи кор омад. Аз 122 иншооти муњими иљтимоии сохташуда 33 иншоот ба маблаѓи 12 миллону 940 њазор сомонї ба соњаи маориф дахлдор аст. Ба ќавли омўзгори собиќадор, дастовардњои соњаи маорифи ноњия дар вилояти мухтори Куњистони Бадахшон назаррасанд. М.Тошева дар расми оѓози фаъолияти ошхона аз номи тамоми хонандагону омўзгорон ва кормандони таълимгоњ ба ин соњибкорзани маорифпарвар ибрози миннатдорї карда, зимнан, таъкид намуд, ки хайру саховат волотарин хислати њар фард даст ва сањмгузорї дар ободонии мактабњо аз ватандўстиву маърифатмандии кас гувоњї медињад. Соњибкор М.Рањимова ин амали хешро њиссаи хоксорона дар таќвияти кори мактаб номид ва ваъда дод, ки минбаъд мусоидат ба он хоњад кард, ки мактабиён дар ин ошхона бо хўроки хушсифату арзон таъмин бошанд. А.МУРОДЇ, «Омўзгор»

БИНОИ НАВИ РАЁСАТ

Бинои дуошёнаи литсейи касбї-политехникии Вазорати маорифи љумњурии Тољикистон, ки дар кўчаи Шарќ-29 –и дар шањри Хуљанд воќеъ гардидааст, бо тарњу намуди замонавї таъмиру азнавсозї карда шуда. Тавре ки сардори раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Љалолов иттилоъ медињад, барои пурра ба истифода дода шудани ин бино аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд 271 њазор сомонї ва аз њисоби гранти фонди каталитикї 100 њазор доллари ИМА маблаѓ сарф карда шудааст. Ин бинои нави дуошёнаи замонавї имкон медињад, ки кормандони раёсати маорифи вилоят дар њуљрањои барњаво ва муљањњаз бо њама технологияи замони муосир ба кору фаъолияти самарабахш машѓул гарданд.

МУЛОЌОТИ СУДМАНД Дар литсейи касбию техникии №31 ба номи Ќурбон Љумъаеви шањри Хуљанд дар доираи амалї намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мулоќоти кормандони њифзи њуќуќ бо волидайн ва муњассилини литсей баргузор гардид. Директори литсей Абдуњафиз Абдуќодиров дар бораи иљрои њатмии ќонуни мазкур бо мисолњои мушаххас андешаронї кард. Ёрдамчии прокурори шањри Хуљанд А. Њайдаров фикру

риф ва иттилооти пурра оид ба низоми нави имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон љой дода шудааст. Дар баробари ин, дар сомона аксњо, видеороликњо ва сабтњои овозї аз рафти чорабинињои ММТ љойгир кар-

СОМОНАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТЇ

МАКТАБ ОБОДТАР ШУД

Аз шарофати сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат ва Њукумати љумњурист, ки дар кишвари мањбуби мо таваљљуњи њамагонї ба соњаи маориф сол то сол меафзояд ва аз љумла, њамкории тољирону соњибкорон бо таълимгоњњо бештар ва фарогиртар мешавад. Дар саросари љумњурї њамасола иддае аз соњибкорон саховатманд ва дилсўзи насли наврас дар бунёди мактабњои нав, љињозонидани онњо, таъмири синфхонањои алоњида ва амсоли инњо њиссагузорї менамоянд. Соњибкор аз шањри Душанбе Моњира Рањимова дар радифи њамин гуна ашхос љой дорад. Тобистони соли равон ў бо зарурате ба мактаби №15-и пойтахт омада, зимни тамошои бинои он ба мушоњида гирифт, ки ошхонаи мактаб зарурат ба таъмири љиддї дорад. Директори мактаб М.Тошева иброз дошт, ки алњол барои таъмири куллии ошхона ва аз нав таљњизонидани он маблаѓи кофї надоранд. Моњира Рањимова ваъда дод, ки ин корро ба зиммаи хеш гирифта, дар наздиктарин фурсат анљом хоњад бахшид. Ў ваъдахилофию кашолкорї накард ва њамагї пас аз як њафтаи ин њодиса, аниќтараш, аз дањаи охири моњи август бо роњнамоию маблаѓгузории ин бонуи иродатманду соњибсаховат

3

мулоњизањояшро дар мавриди љиноятњои содиркардаи ноболиѓон, истифодаи телефонњои мобилї, шомил гардидани љавонон ба њар гуна њаракатњои иртиљої ва ѓайра баён дошта, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки бо масъулияти баланд ба тарбияи фарзандон таваљљуњ зоњир намуда, дар ин љода ба бетарафї роњ надињанд. Волидайни толибилмон низ фикру андешањояшонро дар мавриди бењтар кардани таълиму тарбияи фарзандон баён карданд. Нуъмон РАЉАБЗОДА

БО ЊИДОЯТИ САРВАРИ КИШВАР Сохтмони мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 23-и дењаи Барсеми ноњияи Шуѓнон бо њидояти Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон соли 2011 бо маблаѓузории 2 миллиону 750 њазор сомонї шуруъ шуда буд. Чанде пеш ба истиќболи љашни 22-солагии Истиќлолияти давлатии кишвар бинои нави дуошёнаи таълимгоњ бо тамоми таљњизоти техникии њозиразамон мавриди истифода ќарор дода

шуд. Дар маросими ифтитоњи мактаб муовини раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, раиси ВМКБ Ќодири Ќосим ва раиси ноњияи Шуѓнон Шодї Љамшедов омўзгорон, толибилмон ва сокинони дењаро ба муносибати љашни фархунда ва мавриди истифода ќарор гирифтани мактаби дења табрик намуданд. Љ. ЌОЗИБЕКОВ, «Омўзгор»

МУЛОЊИЗА

ЗЕБУННИСО КУЉО ШУД? Дар барномаи адабиёти даврони Шўравї аз њаёт ва эљодиёти шоираи тољикзабони Њиндустон Зебуннисо соатњои алоњида људо шуда буд. Маротиби охир дар «Барномаи адабиёти тољик» барои синфњои У-Х1 (Душ а н б е , «Матбуот», с.2002), дар сањифаи 49 ба шоира Зебуннисо барои омўзиши «Рўзгори шоира ва фаъолияти эљодии ў, мавзўи ѓазалиёти шоира, муносибати шоира ба замон, тавсифи ишќи пок, орзую умеди ќањрамони лирикї дар ѓазалиёти шоира» 3 соат ваќт људо шудааст. Вале муаллифони «Барномаи таълими адабиёти тољик» барои синфњои У-Х1, нашри соли 2007 аз пешнињоди њаёту эљодиёти

Зебуннисо њам даст кашидаанд. Умуман, аз синфи У сар карда, то синфи Х1 дар бораи адибањои гузаштаю њозира дар китобњои дарсї маълумоте дида намешавад. Охир њаёт бе Зан-

Модар вуљуд дошта наметавонад ва чї тавр мешавад, ки дар давоми шаш-њафт соли тањсил хонандагон аз омўхтани њаёт ва эљодиёти адибањо бебањра монанд? Шарифи МИРЗОЊОТАМ, ноњияи Хуросон


4

ОМЎЗГОР

РАНГОРАНГ

№ 38, 20 сентябри соли 2013

РАВОНШИНОСЇ

ШАРТИ МУЊИМИ ОМЎЗГОРЇ

Новобаста аз он ки сатњи дониши хонандагон дар кадом сатњ ќарор дорад, корњои таълимию тарбиявї бо онњо ќариб якхела ба роњ монда мешаванд. Масалан, дар мактаби махсуси љумњуриявї дар асоси барномаи таълимии мактабњои миёнаи тањсилоти умумї таълиму тарбия ба роњ монда мешавад, њол он ки аксарият тарбиягирандагон дар ин муассиса њамчун хонандаи аз назари педагогї дурмонда дохил мешаванд. Њангоми кор бо чунин тарбиягирандагон дониши махсуси психологї зарур аст. Омўзгорон асосан вазифаашонро мувофиќи барномаи таълимї ва наќшаи корї иљро мекунанд. Аммо ба дигаргунињое, ки дар психикаи хонанда ба амал меоянд, ё дарси гузашта то кадом дараља таъсирбахш буданд, даќиќ дониста наметавонанд. Айни замон омўзгор њангоми дарс дар “гирду атрофи хонанда” давр зада, њаракат мекунад, ки бо тамоми таъсироти маќсадноки худ таѓироте ба амал биёрад. Бо ин амал ў наметавонад, ки маълумоти заруриро ба пуррагї дар хонанда љой намояд ва њатто, наметавонад равшан намояд, ки дар натиљаи дарси ў психикаи кўдак то кадом дараља инкишоф ёфтааст. Барои муайян кардани њолати мазкур тањќиќоти психологї зарур дониста мешавад. Барои он ки раванди таълиму тарбия дурусту босифат ба роњ монда шавад, донистани хусусияти синнусолии хонанда, даврањои буњронї ё буњронњои синнусолї, инчунин даврањои сензитивї (мусоид)-и инкишоф зарур аст. Зеро њангоми бањо додан ба инкишофи психикии кўдак на инкишофи раванди

алоњидаи психикї, балки воњиди даврањои синнусолиро ба назар бояд гирифт. Муњим будани чунин нуќтаи назарро психологи рус Л.С. Виготский дарк карда навиштааст: «синну сол чунин ташкили яклухти динамикї, чунин сохторест, ки наќш ва ањамияти њар як љузъи алоњидаи инкишофро муайян мекунад». Олими рус ба сифати ченаки тањлили инкишофи психикї воњиди даврањои синнусолиро истифода кард. Њамчунин, ў яке аз аввалинњо шуда, даврабандии синнусолии инкишофи психикиро пешнињод намуд. Вобаста ба ин, дар инкишофи психикии хонандагон наќши омўзгор ва фаъолияти маќсадноки ў калон аст. Зеро мушоњидакунанда ва назораткунандаи инкишофи психикии хонандагон омўзгоронанд. Бо маќсади тањќиќи омилњои мусоидаткунанда дар инкишоф ва ќафомонии психикаи хонандагон дар иштироки омўзгорон пурсише гузаронида шуд, ки бевосита ба санљиши дониши психологии худи омўзгорон нигаронида шуда буд. Дар озмоиш њамагї 40 нафар омўзгори мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, мактаби махсуси љумњуриявї ва литсейи махсуси касбї-техникии №1 ш. Душанбе љалб карда шуда буданд. Њамаи иштирокчиёни озмоиш дорои маълумоти олии омўзгорї ва таљрибаи кории омўзгорї (аз 1 то 5 сол - 37 % ва аз 5 зиёд - 63%) доштанд. Натиљаи озмоиш чунин буд: ба саволи «Ба андешаи Шумо, барои фаъолияти омўзгорї донистани хусусияти синнусолии хонандагон то кадом дараља зарур аст?» 57 % љавоби зеринро интихоб намуданд: «Барои омўзгор шудан донистани ин хусусият нињоят зарур аст». Ба

АНИС Дар Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода дар арафаи таљлили солгарди Мавлоно Љалолуддини Румї китоби доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёев бо номи «Биё, то ќадри якдигар бидонем. (Баррасињо аз њаёт ва эљодиёти Мавлоно)» дастраси хонандагон ва

андешаи 29%, «муаллим фанни худашро амиќ донад, кифоя, дигараш муњим нест», 14 % -и боќимонда бошанд, чунин фикр мекунанд, ки «барои муаллим шарт нест, ки психологияи кўдакро донад, дарсашро дињад, кифоя, хонандагон чї гуна ќабул мекунад, ин кори онњост». Танњо 7%- и омўзгорони дар санљиш ширкатварзида вобаста ба саволи пешнињодшуда синну соли кўдаконро дуруст муайян карда тавонистанд. Саволи «Ба андешаи Шумо, буњрони синнусолї чист?” танњо 51% љавоби дуруст дарёфт карда шуд. Ба саволи «Хоњишмандем, буњронњои синнусолиро номбар кунед” 14% нопурра ва 86 % нодуруст љавоб пешнињод карда шуд. Зимни пурсиши «Ба андешаи Шумо, психологияи омўзгорї кадом масъалањоро дар бар мегирад?» 18% пурра, љавоби 50% нопурра, 32% љавоби нодуруст пешнињод намуданд. Доир ба он ќисм ва ё соњањои психологияи омўзгорї 20% љавоби дуруст дода, 8,5% ин ќисмњоро номбар карда тавонистанду халос. Ба саволи «Дар зери мафњуми «шахс» чиро фањмидан мумкин аст?» 60% љавоби дуруст ва 40% љавоби нодуруст пешнињод карданд. Дар маљмўъ натиљаи озмоиш нишон дод, ки сатњи дониши психологии худи омўзгорон вобаста ба саволњои пешнињодгардида 35 % - и ченаки шартиро ташкил медињад, ки ин нишондод ба талаботи замон љавобгўй нест. Вобаста ба хулосањои аз натиљаи ин санљиш бадастомада пешнињод менамоем, ки омўзиши донишњои психологї аз љониби омўзгорон ба таври васеъ ба роњ монда шавад. Барои ин, пеш аз њама, ворид намудан ва зиёд кардани соатњои таълимии ин фан дар наќшаи курсњои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф, ташкили семинарњои омўзишї ва худомўзии омўзгорон зарур аст. Н.АБДУРАШИТОВ, Ќ.КАРИМОВ, ходимони илмии Пажўњишгоњи рушди маорифи АТТ

дар бар гирифтааст, аз љониби устодони кафедраи информатика ва фанњои табиї С.Мавлонназаров, Н.Султонњайдаров ва А.Ѓуломсафдаров тањия гардидааст. Матни лексияњо аз фанни технологияи информатсионї барои донишљўёни ихтисосњои гуманитарї мувофиќи талаби замон дар асоси таљриба ва комёбињои технологияи информат-

САРВАТМАНДОН ВА МАКТАБ Давом аз шумораи гузашта Барои њељ кас боиси тааљљуб буда наметавонад, ки Билл Гейтс, Стив Љобс, Марк Тсукерберг барин сарватмандони маъруф дар ваќташ ба хотири тиљорату соњибкорї тањсилро дар донишгоњњои бењтарини љањон тарк карда будаанд. Аљаб, ки байни дороёни имрўза касоне ёфт мешаванд, ки њатто, мактабро хатм накардаанд. Forbes рейтинги 10 миллиардери љањонро муайян кардааст, ки аз зумраи нафарони нохондаанд. 7. Дэвид Мердок, сардори ширкати Dole Food Company, дороияш 2,4 млрд доллар.

Њарчанд Дэвид Мердок соњиби бузургтарин ширкати меваву сабзавотпарварї дар љањон аст, шуѓли аввалинаш ба ин навъи тиљорат рабте надошт. Ў мактабро аз синфи 9 тарк гуфта, ба нуќтаи фурўши сўзишворї ба кор рафтааст. Соли 1943 дар артиши ИМА хизмат кардааст. Пас аз хизмат мавсуф хостааст, ки дар Детройти аёлати Оњайо кор ва фаъолият кунад, вале на хонаву дар, на маблаѓе барои зиндагї надоштааст. Агар барояш пул ќарз намедоданд, шояд миллиардери имрўза њамон тавре, ки буд, зиндагии камбаѓалона медошт. Мердок бо пули ќарз ошхонаи хурдеро харида, пас аз 10 моњ онро ба маблаѓи хубтаре фурўхт. Њамин тавр ба роњи тиљорат гомњои нахустини хешро гузошт. 8. Карл Линдер, муассиси American Financial Group, сарвари United Dairy Farmers, дороияш 1,7 млрд доллар.

КИТОБЊОИ ТОЗАНАШР

њаводорони ашъори Мавлоно гардид. Дар китоб маќолањои муаллиф, ки тайи чанд соли охир дар натиљаи баррасии эљодиёти Мавлоно Љалолуддини Румї таълиф шудаанд, љамъоварї гардидаанд. Китоб барои муњаќќиќони таърихи фалсафа ва донишљуён пешбинї шуда, бо сарсухани Кароматулло Олимов, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои фалсафа, профессор, тањти унвони «Тањќиќоти арзишманд дар мавлоношиносї» оѓоз гардида, нигоњи даќиќи муаллифи китобро нисбат ба омўзиши њаёт ва фаъолияти Мавлои Рум зикр менамояд. Њамчунин, роњнамои таълими «Информатика» барои донишљўёни ихтисосњои гуманитарї, ки маљмўаи маводи таълимии фанни информатикаро

сионии кишварњои мутараќќї бо маводи навин нашр гардидааст. Матнњо аз љониби устодони кафедраи информатика ва фанњои табиї С.Мавлонназаров, Ш.Бандишоев ва А.Ѓуломсафдаров тањия гардидааст. «Философия науки и техники» - чунин ном дорад китоби дигари дарсие, ки аз љониби доктори илми филология, профессор Х.Зиёев барои магистрњо ва аспирантон тањия гардидааст. Китоб дар заминаи асарњои илмии донишмандони ватанї ва хориљї мураттаб гардида, дар он муаллиф истилоњоти муайяни фалсафиро барои донишомўзон шарњ додааст. Хосият ОЛИМОВА, омўзгори ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода

Айёми тифлии Карл Линднер ба Рукуди бузург дар ИМА рост омадааст. Волидони ў нуќтаи хурди фурўши мањсулоти ширї доштанд. Ба њамин хотир каму беш оилаашонро таъмин карда метавонистанд. Вале барояшон мадади фарзанди оила зарур буд. Карли 14-сола маљбур шуд мактабро тарк гўяд. Соли 1940, ваќте дар ИМА бўњрони иќтисодї ќариб ба охир расид, Линднер њамроњи хоњар ва бародаронаш ба вом 1200 доллар гирифта, нуќтаи

хурдакаки фурўши яхмос кушоданд. Ин фурўшгоњ оќибат ба шабакаи United Dairy Farmers табдил ёфт, ки њоло таќрибан 20 ширкати фурўши ин навъи мањсулот дар тамоми ИМА ба роњ монда шудааст. Њарчанд имрўз даромаду фоидаи бештареро ба ширкати ў лоињањои сармоягузорї меоранд, вале таконе барои рушду равнаќи кораш њамин навъи тиљорат шудааст. 9. Ањмет Назиф Зорлу, соњиби ширкати њолдингии Zorlu, дороияш 1,4 млрд доллар.

Соњибкори турк Ањмет Назиф Зорлу мактабро ваќте тарк кардааст, ки ўро 15 сол буд. Бародараш Зэки барояш пешнињод кардааст, ки ба тиљорат машѓул шаванд. Бародарон бо маслињат хостаанд ба воситаи ба роњ мондани истењсолоти мањсулоти нассољї шахсони доро шаванд. Ба њамин хотир корхонаи хурдеро дар шањри Денизли таъсис доданд. Онњо пас аз андаке ба Истамбул кўчиданд. Аввалњои соли 1990 ширкат зери сардории Ањмет Назиф Зорлу яке аз ќудратмандтарин корхонае ба њисоб мерафт, ки дар бозори олёфи полиастар таъсири бузурге пайдо карда буд. Имрўз Ањмет Назиф дар Фаластин неругоњњои барќии бодї месозад ва бо чархболи шахсиаш љањонгардї мекунад. Ва боре њам пушаймон нашудааст, ки ба љои таълиму тањсил соњибкориро интихоб кардааст. 10. Љеймс Кларк, муассиси Netscape Communications, дороияш 1,1 млрд доллар. Сабаби аз тањсил дур мондани Љеймс Кларки амрикої нооромии оилавї буд: падару модараш тез-тез љангу хархаша мекарданд, борњо аз њам људо шуда, боз ба зиндагии якљоя мепардохтанд. Фарзандон ба њоли худ буданд. Оќибат Љими хурдсол аввал аз тањсил дур монду баъд тамоман аз мактаб ронда шуд. Вале ин нављавон ба ин тарзи зиндагї розї шуда наметавонист. Ин буд, ки дар флот хизмат карданро ихтиёр кард. Пас аз он ба курсњои шабонаи донишгоњи хусусии Тулейн шомил шуда, баъдан донишљўи Донишгоњи Орлеани Нав шуд. Садорати донишгоњ ба хотири ќобилияти фавќулоддаи ў розї буданд, то бе шањодатномаи хатми мактаб ўро ба сафи донишљўён ќабул кунанд. Кларк имрўз унвони илмї дораду дар Дараи Силикон як навъ афсона њам шудааст. Ситорабону СОЊИБНАЗАР, “Омўзгор”


ОМЎЗГОР

ЌАДРДОНЇ ПЕШРАФТ

Ба хотири донистани вазъи хониш ва омўзиши шогирдони коллељи номбурда роњи шањри Вањдатро пеш гирифтем. Муовини директор оид ба корњои хољагї ѓайричашмдошт моро ба майдончаи варзишии коллељ роњнамої кард: - Ба назди директор меравем,- гуфт ў. Директори коллељ Зоир Рањмонов њамроњи шогирдон ба тахту њамвор кардани майдонча машѓул буд. Ба бачањо чанд супориши дигар доду бо лабони пуртабассум ба назди мо омад: - Хуш омадед, биёед. Директор њайратамро дарк карда, гуфт: - То ин ваќт ин љо тахту њамвор набуд, љойи гузарондани машѓулиятњои варзишї ва таљлили иду санањо ва љаласањои пагоњирўзї хеле танг. Маљбур шудем бо ќувваи ёру ошноњо, шогирдонамон, њамин хел як майдонча созем. Кор хеле пеш рафт. Њашт мошин хокро ба ин љо кашондему кор ранги дигар гирифт. Њамин ки њамвор кардем, њатман алафи махсус кошта, сабзазор мекунем.

Шунидан кай бувад монанди дидан

Директор маро ба дидани ошёнањои бино даъват кард. кормандон њар љо – њар љо ба таъмири девору фаршњо, дару тирезањо машѓуланд. Ба њар синфхона ворид гардида, амали устоњоро назора мекунем. Њатто барои бароњат гуза-

№ 38, 20 сентябри соли 2013

5

МУВАФФАЌИЯТ АЗ КОРДОНИСТ

рондани машѓулиятњо баъзе деворњои биноњоро бардоштаанд, то ки машѓулиятњо табъи дил гузаранд. Ба китобхонаи коллељ ворид шудем. Њама љо тозаю озода, толори хониш њам барњавост. Бино ба гуфти мудири он, китобхона дорои 14 њазор нусха адабиёти бадеї, дарсї, илмиву оммавї, методиву бадеист. Албатта, њоло мизу курсињоямон басанда нест, вале то рўзњои наздик пайдо мекунем. Дар љойи алоњида теъдоди зиёди бастањои рўзномањои даврї ба чашм мерасанд, ки бо тартиби муайян чида шудаанд. Имсол њам ба бист нусха њафтаномаи «Омўзгор» обуна шудем, оянда шояд теъдодашро зиёд гардонем, - мегўяд директор. Китобхонаи электрониро низ ташкил карданием. Азбаски ќариб аз тамоми шањру навоњии мамлакат ин љо барои тањсил меоянд, мо шароити хобгоњро бењтар карда истодаем. Ба ќарибї, њуљрањои онро бо љињози даркорї, аз љумла, мизу курсї, љевонњо, воситањои дигари будубош таъмин мекунем. Дар ду утоќи калон аллакай воситањои варзишї оварда шуда, аз онњо истифода мебаранд. Барои њуљрањои таълимї мизу курсињо намерасиданд, бо дастгирии вазири муњтарам Нуриддин Саидов 78 миз ва 156 курсї дастрас намудем, ки аз он кас миннатдорем.

Навгонї дар коллељ

Аз суњбат бо Зоир Рањмонов маълум шуд, ки аз 440 нафар шогирди ин таълимгоњ 236 нафарашон дар шуъбаи рўзона – пас аз хатми синфњои 9 ва 11 ба шакли буљавї ва боќимондањо ба шакли шартномавї тањсил мекунанд. Дар шуъбаи ѓоибона бошад, 32 нафар дар гурўњи буљавї ва 30 нафари дигар дар гурўњи шартномавї мехонанд. Сафи духтарон (дар курсњои 1-5) 283 нафарро ташкил медињад. Бар замми ин, 8 нафари дигар,

ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ

Барои омода намудани чунин мутахассисон омўзишгоњњо фаъолияти бештар доранд. Омўзишгоњњо имрўз даргоњи касбу њунар буда, љомеа ба онњо ниёз дорад. Албатта, касбомўзї аз оила сарчашма мегирад. Фарзандон дар оила бештар ба касби падару модар, нозукињои он шинос мешаванд ва баъзеашон касби оилавиро идома медињанд. Баъзењо дар интихоби касб душворї мекашанд. Дар интихоби касб, пеш аз њама, шавќу завќ, хоњиши хонандаро ба инобат бояд гирифт, зеро баъзе донишљўёне, ки имрўз дар омўзишгоњњо тањсил мекунанд, бо хоњиши падару модарон ин љо меоянд. Ба дарсњо њозир намешаванд, ваќте сабабашро мепурсед, албатта, љавоб мегўянд, ки худашон дар ин љо хондан намехоњанд, онњо бо хости волидайн ба ин даргоњ омадаанд. Дар бедор намудани шавќу завќи хонанда ба касб дар мактаб замина бояд гузошт. Хонандагон синфи 9-ро хатм ме-

ошхона дар хизмати онњост.

Ба љойи охирсухан

ки маъюбу бепарасторанд, фарзандони иштирокдорони ЉБВ ва њодисањои Чернобилу љанги Афѓонистонанд, ройгон тањсил мекунанд. Бино ба иттилоъи директори коллељ, соли тањсили гузашта њамагї 4 ихтисос вуљуд дошт, имсол бошад, он ба 6 ихтисос расонда шуд. Яъне, бар замми ихтисосњои мављуда таълими ду тахассуси дигар – молия ва бањисобгирии муњосибї (молиявї), тањлил ва назорат ба роњ монда шудааст. Њамчунин, навгонии дигар он аст, ки 2 факултет ва 4 кафедра ифтитоњ шуд. Минбаъд онњоро ба њимояи корњои илмї љалб менамоем, зеро ин талаботи замон аст, - андеша дорад Зоир Рањмонов. Шўрои олимон дорем, ки минбаъд мањсули зањмати њар кадом олимони коллељ мавриди баррасию муњокима ва бањодињї ќарор дода мешавад.

Ифтихор аз шогирдон

Айни њол дар коллељи зикр

шуда 47 нафар устод ба таълиму тарбияи шогирдон машѓуланд. Бар замми ин, 7 нафар омўзгори њамкор доранд. Дар байни онњо як нафар (худи роњбари муассиса) номзади илми иќтисодист. – Модом ки кафедра ташкил кардаем, - мегўяд директор, - пас, тибќи ќонунњои љорї мудири кафедра бояд соњиби унвони илмї бошад. Ба њамин хотир аллакай 7 нафар устодони коллељ љињати њимояи рисолањо њуљљатњояшонро ба муассисањои илмї супориданд. Тасмим гирифтем, ки солона њар як омўзгорамон дар рўзнома ва ё маљаллањои соњавї бояд ду маќолаи илмї, илмї – методї, илмї – оммавї чоп намояд. - Бо вуљуди ин, - мегўяд З. Рањмонов, - баъзе камбудињо низ дорем. Масалан, аз ду бинои дар ихтиёрамон буда, якеаш таъмирталаб аст. Шогирдон дар ду баст мехонанд. Пас аз воќеањои маълуми кишвар хобгоњ то имрўз умуман вуљуд надошт. Акнун њоло барои 40 нафар љойи хоб тайёр намудем,

Зоир Рањмонов љавон буда, њамагї 32 сол дорад, ба ќарибї роњбари ин муассиса таъин гардид. Хатмкардаи Донишкадаи соњибкорї ва хизмат аст. То ба ин коллељ роњбар таъин гардиданаш ассистенти кафедраи риёзиёти олї ва информатикаи ДСХ, омўзгори калони кафедраи тарњрезї ва технологияњои иттилоотї, директори Маркази иттилоотию иртиботии ДСХ, декани факултаи соњибкорї ва бизнес, мудири кафедраи низоми иттилоотї дар иќтисодиёт буд. Номзади илми иќтисодист. Курси такмили ихтисосро тавассути забони англисї дар Љумњурии Њиндустон гузаштааст. Соли 2009 дар конфронси байналмилалии ЉИЭ дар мавзўи «Моликияти зењнї» маърўзаи илмї кардааст. Њамчун узви лоињаи Темпус – Њайка (с. 2012) дар Љумњурии Ўзбекистон (бо забони англисї) курси такмили ихтисосро гузашт. Вай њамчунин муаллифи китоби дарсї барои мактабњои тањсилоти умумї ва бештар аз 50 маќолаи илмї – методист, ки дар маљаллањои бонуфузи илмии љумњурї ва хориља нашр шудаанд.

Подоши зањматњо

Сањифаи дигари хотирмони њаёти Зоир Рањмонов дар арафаи љашни 22 – юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Тољикистон мушарраф гардиданаш ба Љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илм ва техника (оид ба соњаи илмњои иќтисодї) мебошад. Дар сурат: Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон ба олими љавон, директори коллељи омори шањри Вањдат Зоир Рањмонов Љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро месупорад. Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

ЊУНАР ОМЎЗ, К-АЗ ЊУНАРМАНДЇ...

к кунанд ва бисёри онњо ба омўзишгоњњо б барои касбомўзї мераванд. Хуб мешуд, а синфњои 5-7 шурўъ карда, бояд ба хоаз н нандагон нисбати касбу њунар нозукињои о онњо маълумот дињем. Пас аз солњои 90-ум ва ибтидои асри X XXI, ки асри технологияи нав мегўянд, ттаваљљуњи љомеа ба омўзиши компютер аафзуд. Албатта, ин бесабаб нест. Ањли љ љомеа дарк карданд, ки бе омўзиши тех-

нология минбаъд фаъолият дар њама соњањо душвор ва њатто номумкин мегардад. Имрўз на танњо љавонон, балки њамаи табаќањои ањолї новобаста ба синну сол мекўшанд, ки компютер ва моњияти онро омўзанд. Бояд гуфт

донишљўёне, ки чунин омўзишгоњњоро хатм мекунанд, пас аз соли аввал, албатта, бо волидайн фаъолияти кории худро оѓоз мекунанд. Нуќтањои диллерї мекушоянд, ба нусхабардорї ва гирифтани расми фаврї (дар суратгирхона), аз вирус тоза намудани флешкартањо, радиомеханикњо нуќтањои таъмири компютер, телефонњои мобилї мекушоянд. Дар нуќтањои рекламадињї чун ороишгар – дизайнер фаъолият мекунанд. Омўзишгоњњои касбомўзиро даргоњи њунар мегўянд. Аз ин рў, бо омўзишгоњњо диќќати њукумати љумњурї ва Вазорати маорифи ЉТ меафзояд. Соли љорї баъзе ин омўзишгоњњо 2- сола ва баъзеи онњо ба коллељњо табдил дода шуд. Хуб мешуд, ки мўњлати омўзиш дар коллељ 3 – сол муќаррар гардад ва ба он хонандагон пас аз синфи 9 љалб карда шаванд. Коллељњо бояд барои тайёр намудани муњандисони компютер, таъмиргарони таљњизоти компютерї ва телефонњои мобилї барои Донишгоњи техникї заминае гардад. Шояд ин барои пешрафти илму техника дар љумњурї як таконе шавад?

Литсейи касбии информатика ва техникаи компютериро њар сол хонандагони зиёде хатм мекунанд. Боз њамон шахсоне, ки аз омаданашон ба ин љо пушаймонї мехўрданд, додару хоњарони худро гирифта барои омўзиш ба ин даргоњ меоранд. Ваќте суол медињї, охир худ пушаймонї хўрдї, чаро боз додар ё хоњаратро овардї? Ман бисёр чиз омўхтам. Њоло компютерро хуб медонам ва корњоям пеш рафта истодааст. Љои худро дар љомеа пайдо кардам, њарчанд ки солњои тањсил азоб мекашидам ва пушаймонї њам мехўрдам, љавоб медињанд онњо. Чизи муњиме, ки бояд зикр кард, омода намудани омўзгорони тахассуснок барои ин омўзишгоњ аст. Бештар дар таълими фанњои тахассусї омўзгорон намерасанд. Соли љорї литсейи касбии информатика ва техникаи компютерї, ки мутобиќи ниёзи љомеа амал мекунад, бо фармони Вазорати маорифи ЉТ ба коллељи информатика ва техникаи компютерї табдил дода шуд. Коллељ барои омода намудани мутахассисоне, ки имрўз љомеа ба он ниёз дорад, љањду талош меварзад. Г.БАДАЛОВА, омўзгори литсейи касбии информатика ва техникаи компютерии шањри Душанбе


6

ОМЎЗГОР

ПЕШНИЊОД

№ 38, 20 сентябри соли 2013

ПРОБЛЕМАЊОИ ОМЎЗИШИ КИМИЁ

Бо пешнињоди чунин дастурњо чї гуна хонанда ё довталаб метавонад ба мактабњои олї мустаќилона тайёр шавад? Яке аз талаботњои асосии стандарти давлатї нисбат ба дастуру китобњо он аст, ки дастур (ё китоб) бояд ба хонанда тарзи мустаќил кор карданро омўзад ва ба талаботи ваќту замон љавобгў бошад. Агар мо хоњем, ки хатмкунандагонамон ба талаботи стандарти љањонї љавобгў бошанду нишондињандањои мо ба нишондињандањои байналхалќї наздик бошад, мебояд сараввал барои хонандагону довталабон дастури сифатан нав навишт.Чаро? Барои ба ин савол љавоб додан дастури машњур ва серистифодатаринро (дастури ДДТТ, муаллифон Њољибоев, Абдиев) дар партави талаботњои стандарти давлатї дида мебароем. Кадом машќу масъалањо бояд дар дастурњои ба довталабону хонандагони синфњои болої пешнињодшаванда љой дода шаванд? Бешубња, масъалањое, ки тафаккури эљодии хонандаро инкишоф дода, боиси болоравии мустаќилияти онњо мегардад ва барои дарёфти донишњои нави кимиёвї мусоидат карда метавонад. Ин ќабил масъалањоро аввал ба гурўњњо људо мекунем: 1.Масъалањои соддатарин аз ќабили навиштани формулаи электронї ё ёфтани массаи нисбии молекулавї (Одатан ба ин гуна масъалањо 1 хол гузошта мешавад).

ДОХИЛШАВАНДАЊО, ДУХТУРШАВАНДАЊО, ДАСТУРДЕЊОН

2.Масъалањои т и п и к ї (стандартї)-и њисобї ва сифати (ин гуна масъалањо дар охири њар банд ба хонандагон пешкаш мешаванд ва онњо масъалањои анъанавианду то 2 хол бањогузорї карда мешаванд). 3.Масъалањои њисобие, ки барои њалли онњо 2-3 амали мантиќиро бояд истифода кард (то 3 хол). 4.Масъалањое, ки барои њалли онњо донистани хосиятњои якчанд синфњои моддањои чї органикї ва чї ѓайриорганикї зарур буда, инчунин, ќобилияти хуби хулоса баровардан ва интихоби дурусти њалро талаб мекунад. (3 хол). 5.Масъалањои якљоякардашуда, ки аз якчанд масъалањои типикї ташкил ёфтаанд (4 хол). Онњоро масъалањои мураккаб низ ном мебаранд. Акнун масъалањои дар се ќисми аввали дастур «Мафњумњои асосї. Таълимоти атому молекула», «Ќонунњои асосии химия» ва «Ќонуни даврии Д.И.Менделеев ва сохти атом» љойдодашударо дида мебароем: онњо аз он љињат ба њамдигар монанданд, ки ќариб аз масъалањои гурўњи якум ва дуюм иборатанд (яъне масъалањои 1 ва 2- хола). Дар ќисми якум аз 89 масъала ва дар ќисми дуюм аз 192 масъала танњо 3-4 масъалањоеро ёфтан мумкин аст, ки ба масъалањои 3 - хола рост меоянд. (Инчунин, танњо 2-3 масъала ѓайристандартианду халос). Дар ќисми 3-юм ќариб њамаи 197 масъала содда ва анъанавианд. Ин чї маънї дорад? Яъне њалли ин гуна масъалањо айнан такрор кардани њалли нишондодашудаи масъалањои китобї ба шумор мераванд. Бадии кор дар он аст, ки ин гуна масъалањо метавонад хонандаро ба таќлиди кўр-кўронаи њалли масъалањо водор созад. Дар назари аввал љои норизої њам нест, ки муаллифон тарзи њалли масъалањоро нишон надодаанд, вале дар ќисми 7-уми њамин боб кор ранги дигар мегирад. Дар ин ќисм «Мањлулњо» дар баробари он ки масъалањои типикї - анъанавї хеле зиёд оварда шудааст, инчунин, масъалањое љой дода шудаанд, ки шояд барои акса-

УМРИ БОБАРАКАТ

ФАЪОЛИЯТ

Дар ин дења мактабе амал мекунад, ки бисёр фарзандони мардумро ба арсаи шуњрат гуселонидааст. Бале, мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 34 дар ноњияи Њисор ва берун аз он машњур аст. Ќањрамонони мо низ омўзгорони мактаби мазкуранд Дар мактаб зиёда аз 400 нафар шогирд аз 20 нафар омўзгори варзида сабаќ мегирад. Омўзгорони баору номус, донишманду ботаљриба, бозаковату нексиришт, мењрубону ѓамхор ва шарифу рањнамо

ри хонандагон нав бошанд (агар онњо аз илми кимиё ба ќадри зарур маълумот надошта бошанд). Дар њаќиќат, дар китобњои дарсї намунањои њалли масъалањои ба њалшавандагї ѓализият (консентрасия)-и молярї, гузариш аз консентратсияи фоизї ба молярї ва ѓайра нишон дода нашудаанд. Азбаски солњои истиќлолият китобу дастурњои иловагї аз кимиё хеле кам ба чоп расидаанд, гумон аст, ки хонанда ба ѓайр аз маљмўаи саволњои тестии ДДТТ дигар дастуре дошта бошад. (Ман, аслан, хонандагонеро дар назар дорам, ки берун аз пойтахт мехонанду бо забони русї озодона китоб хонда наметавонанд). Тавре таъкид мешавад, гузариш ба иќтисоди бозаргонї дигаргунии куллиро таќозо мекунад: таљдиди сохтор, наќшаю барномањои таълим, тањияи дастурњои методї ва методњои пурсамари тадрис, ки фаъолияти маърифатї ва тафаккури мустаќилияти хонандагон ва ќобилияти онњоро инкишоф дињанд.(У.Зубайдов). Муаллифи ин сатрњо аз мудири бахши тайёрии ДДТТ хеле миннатпазирам, ки барои гузаронидани дарси санљишї 6 соат људо карданд. Якумин чизе, ки дар рафти дарс ба чашми банда намоён гашт, он буд, ки ба довталабони имрўз далелњои «илмї» дар асоси мавќеи њозираи назарияњои кимиёвї маънидод карда намешаванд. Онњо ќоидањои куњанро такрор мекунанд. Масалан, ба саволи «атом» ё «молекула» чист довталабон гўё, ки маслињат карда бошанд, њама якљоя «Заррањои хурдтарине, ки молекулањо аз онњо таркиб ёфтаанд ё модда - он чи ки љисми физикї аз он таркиб ёфтааст», мегўянд. Њол он ки ин ќоидањо

кайњо боз дар асри XIX мондаанд. Ман маљбур будам, ки ба бачањо мавзўъро як тараф гузошта, дар њузури мудири бахши тайёрї аз дигаргунињои дар кимиё ба амал омада гап занам.Чизи дигаре, ки ба чашм расид, ин ба усули таваккал њал кардани масъалањо аз тарафи аксари довталабон буд. Аксарияти довталабон тарзу усулњои дурусти мулоњизаронї, тањлил, тартиб додани наќша (алгоритм)-и масъалањоро суст медонанд, тафаккури мантиќиашон мелангад. Ин камбудињо ислоњшавандаанд, ба шарте ки услуби кор дигар карда шавад. (Мутаассифона, ман мушоњидањоямро дар байни довталабони ДДТТ бо маќсади тайёр кардани дастуре, ки ба довталабон чун обу њаво зарур аст, давом дода натавонистам. Акнун боз бармегардем ба сари масъалањои тестї. Тавре маълум аст, тест - ин маљмўи масъалањое мебошад, ки мураккабияти он зина ба зина боло рафта, имконият медињад, дараљаи тайёрии хонанда ё довталаб ба таври объективона санљида шавад. Саволњои тестии дастури ДДТТ тавре мебинем, зина ба зина то дараљаи лозимї дар маљмўъ мураккаб намешаванд ва ќисми асосии онро масъалањои стандартї ташкил додаанд. Агар «Маќсади асосии дастурњо ба хонанда таълим додани кори мустаќилона бошад» (У.Зубайдов), пас имрўз довталаб ё хонанда ба дастуре муњтољ аст, ки на танњо ба инкишофи ташаккули усулњои зењнии фаъолият (тањлил, муќоиса, синтез)-и ў мусоидат карда тавонад, балки далелу маводи назариявию амалиро аз мавќеи назарияњои њозиразамони илмї шарњ дода тавонад. Дар охир њаминро бояд ќайд кард, ки тест усули ягонаи муайян кардани дониш набуда, яке аз методњои тафтиш ба њисоб меравад. Тест, ки њамчун усули расмии санљиши дониш дар љумњурии мо низ ќабул шудааст, оќибатњои манфї низ дошта метавонад. Масалан, довталабон ё хонандагон аз ќафои супоридани тест шуда, бисёр чизњоро, аз ќабили, талаботњои асосии стандарти давлатї, тарзи истифода ва интихоби дурусти дастуру китобњои иловагї, дарки амиќи муносибати ратсионалї њангоми тартиб додани наќша (алгоритм)-и њалли масъала ва ѓайраро метавонанд фаромўш кунанд. Муаллимон низ дар навбати худ бо назардошти он, ки дар рўзњои мо дониши хонанда аз рўи тест муайян карда мешавад (ва њисоботњои пешнињодшаванда низ дар асоси тест тартиб дода мешаванд), метавонанд њамаи кўшишњои худро танњо ба он равона созанд, ки хонанда њарчї тезтару хубтар тестро супорад. Набояд фаромўш кард, ки дар тест хонанда аз вариантњои додашуда танњо он љавоберо интихоб мекунад, ки дуруст мешуморад.

Рањматуллоњ Меликов ва зављааш Сафия Фазлиддинова нќариб 50 сол аст, ки дар мактаби номбурда сарбаландона кор мекунанд. Онњо дар таълиму тарбияи инсонњои донишманду кордон, фидоиву зањматкаш, зебоипарасту башардўст, олиму фозил, хушодобу ширинсухан њиссаи бузург гузоштаанд. Меликов Рањматуллоњ хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба

н номи С.Айнї ва зављааш хатм мкардаи факултаи синфњои и ибтидоии даргоњи мазкур аст. М Муаллим аз фанни физика ба ш шогирдон дарс медињад, муааллима дар синфњои ибтидої ххонандагони хурдсолро ба донишандўзї омода месозад. Аксари сокинони дења хондан ва навиштанро аз муаллима Сафия Фазлиддинова омўхтаанд. «Одами наѓз боѓи сабз, бинои нав, фарзанди ќобил ва шогирдони болаёќатро аз худ нишона мемонад»,мегўяд омўзгори варзида Неъматуллоњ Меликов, ки чанд сол дар вазифаи муовини директори мактаби дењаи хеш кор карда, аз соли 1986

то рўзњои ба нафаќа баромаданаш (зиёда аз 20 сол) сарварии ин таълигоњро ба уњда дошт. Дар давраи роњбарии ў корњои зиёде ба сомон расонда шуданд. Он солњо синфхонањо намерасиданд, баъзе њуљрањои таълимї вайрону валангор шуда буданд ва ба талаботи гигиению санитарї љавоб намедоданд. Бо љидду љањд ва талошњои зиёд солњои 19881989 аз њисоби буљаи Њукумати љумњурї ва Вазорати маориф 14 синфхонаи иловагї бо њама таљњизоти замонавї сохта ба истифода дода шуд. Дар солњои љанги шањрвандї омўзгорон маош намегирифтанд, бисёр касон тарки вазифа карданд, аммо Неъматуллоњ

Сафаралї РАЉАБОВ, муаллими кимиё Меликов ва зављааш Сафия Фазлиддинова пањлуи њам истода, бо илмдўстию кордонии хеш намегузоштанд, ки њусну малоњати ин боѓи дониш заррае њам коста гардад. Ин ду фидої якљоя бо масъулияти баланду њисси зиёди ватандўстї дар атрофи хеш њамкорон муттањид намуда, дар ин мактаби нави замонавї корро бо муњаббати бепоён идома мебахшиданд. Онњо хушбин буданд, ба оянда назари нек доштанд ва дигаронро низ ба њаёт дилгарм месохтанд. Боѓ бо зањмати ин боѓбонони асил боз хуррамтар мешуд. Офаринашон бод! Љамолиддини ШАМСИДДИН, Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон, Њакималї НАЗАРАЛЇ, омўзгори мактаби № 17-и ноњияи Њисор


ОМЎЗГОР

МАЪРИФАТ 22 СЕНТЯБР – РЎЗИ РЎДАКЇ

Ў аз оѓози садаи бист њамвора аз пайи ба риштаи тањќиќ кашидану пешкаши хонандагон кардани осори устод Рўдакї будааст ва китоби мондагори хеш – «Намунаи адабиёти тољик» - ро бо номи ин пири равшанзамири љањони шеър њусни оѓоз бахшидааст. Устод Айнї бо номи «Устод Рўдакї» рисолае низ таълиф намудааст, ки хеле пурмуњтавою пурањмият аст. Бањри дарёфти оромгоњи устод Рўдакї низ устод Айнї хидмати беназир ва мондагор кардааст. Дењаи Панљруд, ки имрўз чун ќиблаи шеъри тољик маъруф аст, ба сифати оромгоњи устод Рўдакї кашфи устод Айнист ва ин кашфи устод пеши ањли адаби форсизабонони љањон камтар аз кашфи Амрико аз љониби Колумб набувад. Аз навиштањои устод Айнї эњсос мешавад, ки ўро фикри дарёфти хокљои Одамушшуаро аз оѓози вуруд гаштанаш ба олами адаб њељ ором намегузоштааст ва устод ба њар василае ошкору нињон дар садади пайдо кардани мавзеи мазкур будааст. Аввалин нишонањои оромгоњи Рўдакии бузургворро устод Айнї зимни мутолиаи «Китобулансоб»-и Тољулисломи Самъонии Марвазї дармеёбад. Дар моддаи «Ал-Банљї»-и ин китоб устод ба чунин навиштањо таваљљуњ менамояд (дар тарљума аз арабї ба тољикї): «Банљ дењае аз дењањои Рўдак буда, дар навоњии Самарќанд аст. Вайро Банљи Рўдак мегўянд. Ва ин дења ќутби Рўдак аст. Абўсаид Идрисии Њофиз гуфтааст, ки ќабри Абўабдуллоњи Рўдакї дар он љо машњур аст ва дар пушти бўстони Рўдак аст. Мардум зиёрат мекунанд. Ман њам зиёрат кардам». Устод Айнї ин љо ба номи Идрисї диќќат намуда, аз манобеи дигар дармеёбад, ки ў муњаќќиќи варзида буда, таърихи Самарќандро нигоштааст ва њамагї 60 ё 62 сол пас аз даргузашти устод Рўдакї фавтидааст. Вобаста ба ин устод Айнї менависад: «Ин гуна тадќиќотчї дар бораи ќабри касе, ки аз худаш 60 сол пеш мурдааст, ѓалат нахоњад кард ва дар ин гуна муддати кўтоњ мардум њам иштибоњ карда ба ў маълумоти ѓалат нахоњанд дод». Аз ин пас устод Айнї зодгоњи Одамушшуароро дар навоњии атрофи Самарќанд љустуљў мекунад, вале ваќти зиёдеро сарф карда бошад њам, комёб намешавад. Нињоят, тасодуфе гирењкушои мушкили устод мегардад. Моњи августи соли 1940 ў барои таъмири њавлияш дар Самарќанд мардикореро меорад, ки аз шањри Панљакент (дењаи Фароб) будаасту Диёр ном доштааст. Устод аз Диёр мепурсад, ки дар њудуди Панљакент Банљ ё

сентябр Гарритский ва Бузургзода ба Панљакент меоянд ва бо роњбаладии Ш.Муњаммадиев озими Панљрўд мешаванд. Онњо бо пирони дења сўњбат ороста, гуфтањои эшонро бо далелњои таърихї муќоиса карда, ќабри устод Рўдакиро дар Панљрўд меёбанд ва њама тахмину маълумоти устод Айниро тасдиќ мекунанд. Бо њамин расман собит ва эълон мешавад, ки оромгоњи ќофиласолори адабиёти оламгири форсизабонони љањон дењаи Панљрўди Панљакенти бостонист. Устод Айнї бо љону дил таманнои онро дошт, ки фурсат

№ 38, 20 сентябри соли 2013 ниятњои устод Айниро дар арсаи адабиёт ба таъхир мегузоранд. Соли 1956 корњои омодагї ба љашни 1100- солагии устод Рўдакї шурўъ мешаванд. Яке аз вазифањои аввалин офаридани чењраи Одамушшуаро буд. Бо даъвати кумитаи тадорукоти љашн 18 ноябри соли 1956 профессор Герасимов бо маќсади кофтани ќабри устод Рўдакї, дарёфти устухонњои сари ў ва дар ин замина офаридани чењраи соњибќирони шоирї ба Душанбе меояд. Профессори соњибтаљриба дар бозёфти ќабри Одамушшуаро ва шинохти устухонњои љасади ў, пеш аз

7

ОРОМГОЊИ ОДАМУШШУАРО

Банљрўдак ва ё Панљрўдак ном дењае њаст. Мардикор посух медињад, ки дуртар аз дењаи мо Панљрўд ном дењае њаст. Аз ин паём устод Айнї гулосо мешукуфад ва бо фаросати худододаш эњсос менамояд ва ќотеъона бовар мекунад, ки њамин Панљрўди Панљакент зодгоњу оромгоњи пири шоирони олам аст ва мањз њамон мавзеест, ки дер гоњ љустуљўяш мекард. «Сабаби шакли Панљрўд пайдо кардани Банљи Рўдак њам ба осонї ёфт шуд»,- менависад устод Айнї. Ва тафсир мебахшад, ки азбаски дар алифбои арабї њарфи «п» нест, дар ибораи мазкур ба љои ин њарф њарфи «б» омадааст. Устод яќин ёфта худ Панљрўдро зиёрат ку- њама, ба навиштањои марбумекунад, ки мувофиќи ќоидаи над, оромгоњи Одамушшуароро ти устод Айнї ва ба омўзиши маъмули тољикї мардум на- бо чашми сар бубинад. Моњи даќиќи осори устод Рўдакї эъхуст бо ќатъи изофа Панљи ноябри соли 1940 устод Айнї тимод мебандад. Рўдак- ро Панљрўдак гуфта, бо маќсади ошної бо бунёди 23 ноябри соли 1956 экспесипас тадриљан шакли кўтоњи канали калони Марѓедар ба дитсияи илмї дар њайати проон - Панљрўд -ро ба миён овар- Панљакент меояд ва хоњиши зи- фессор М.Герасимов, Р.Амонов, даанд. ёрати оромгоњи Султони шои- Р.Мањмудов ва В.Ранов дар Устод Айнї бо њадафи боз ронро мекунад, вале маълум ме- дењаи Панљрўд ба ковиши њам даќиќ намудани маълу- шавад, ки бинобар бунёди канал ќабри устод Рўдакї шурўъ мемоташ дар бораи мављудияти ягона роњ ба љониби Панљрўд намояд. Аз жарфои наздик дењаи Панљрўд ба зудї ба коти- баста будааст… ба 2м косахонаи сар ва дигар би якуми кумитаи њизби коммуОрзуи дигари устод Айнї устухонпорањо пайдо мешанисти ноњияи Панљакент Ша- офариниши чењраи сардафта- ванд. Дар ин устухонњо Герасироф Муњаммадиев номае ирсол ри адабиёти тољик буд. Устод мов нахуст се аломати муњим ва мекунад. Котиби якум, ки шахсе соли 1939 дар Хонаи олимони иртиботманд бо тарљумаи њоли фарњангї буд, бо дарёфти номаи шањри Маскав бо чењрашиноси устод Рўдакиро ошкор месозад: устод дарзамон озими набудани дандонњо дар Самарќанд мешавад ва Раънои МУБОРИЗ љоѓњо, осеб дар косахобо устод Айнї сўњбат наи чашм ва беш аз 80 меорояду њастии дењаи сол умр доштани худоПанљрўдро тасдиќ меванди устухонњо . кунад. М.Герасимов Бигў зи номи ман, эй дил, ба Панљрўд дуруд, Дигар барои Бигў ба олами шеъри хушу суруд дуруд. устухонпорањои дарёфтњама шаку Ба рўњи зиндаи Султони шоирони Аљам, устод шударо дар ќуттињои шубњањо бартараф махсус ба Душанбе Ба ањли фазлу маонии бењудуд дуруд. шуда буданд ва ў ба оварда, чанд рўз ба Иттифоќи нависан- Ба остони бузурге зи остонаи манн, пайвандсозї ва тањќиќи дагони Тољикистон Ба мулки сабзи наю чангу созу уд дуруд. онњо машѓул мешавад мактуб навишта, Ба рўдбори Урељаш саломи ман бирасон, ва нињоят, расман эълон хоњиш мекунад, ки Ба Булбулони баланди макони људ дуруд. мекунад, ки устухонњои бо њадафи тањќиќи Бигў ба шоири бинотарини њар ду љањон мазкур ба маълумот дар зодгоњи устод Рўдакї Зи як мусофири дунёи шеъри рўд дуруд. бораи Абўабдуллоњи бо иштироки намо- Бигў, ки теѓи раќибат шикаст охири кор, Рўдакї комилан яндагони Иттифоќи Бигў, ки мењри ту бо халќ боду буд, дуруд. мутобиќанд. Баъдтар нависандагон, Ака- Ба шонањои бузургаш ба мењр такя бикун, ин чењрашиноси варзидемияи илмњои да дар ин замина тарњи Ба пайкари хуши он фарди хушнамуд дуруд. ИЉШС (бахши он дар рўи ќофиласолори Тољикистон) ва дигар Бале, ба мулки азизе, ки Рўдакї он љост, адабиёти тољиконро маќомоти дахлдор Бигў зи номи ман, эй дил, пас аз суљуд дуруд. меофарад, ки ин арзишба шањри Панљакент Ба пои пири хирадвар намози шукр гузор, мандтарин эњдое буд ба экспедитсияи расмї Ба зоти поку кабираш бигў дуруд, дуруд! љашни 1100 –солагии ташкил карда шавад. устод Рўдакї. Ба зудї њамин гуна экспедит- мумтози Шўравї, профессор Њайкалтарош, чењрашинос сия дар њайати С.Айнї (раис), М.М.Герасимов ошної пайдо (антрополог), бостоншинос, Гарритский ва Л. Бузургзода мекунад ва афсўс мехурад, ки доктори илми таърих, барансозмон дода мешавад. 22 сен- мањали дафни поягузори ада- даи Љоизаи давлатии ИЉШС тябри соли 1940 Гарритский ва биёти тољикон Абўабдуллоњи Михаил Михаилович ГерасиБузургзода ба Самарќанд ба Рўдакї маълум нест, вагарна мов (1907-1970) дар фарљоми ин назди устод меоянд. Устод ба профессор метавонист дар му- амали муваффаќонааш бо таонњо дар заминаи сарчашмањои айян кардани тарњи чењраи ў ба ассуф иброз доштааст: - Афсўс таърихї дастурњо дода, ба тољикон мадад расонад. мехурам, ки ташаббускор ва Панљакент равон мекунад ва Љанги Дуюми Љањон ва њаводори ин амали мо, дўсти бухуд бинобар беморї наметаво- бартарафсозињои оќибатњои он зургвори ман Садриддин Айнї над бо онњо њамроњ бошад. 23 ва низ бемории бардавом бисёр имрўз дар ќайди њаёт нест. Агар

ÁÀ ÏÀÍЉÐ¡Ä ÄÓÐÓÄ!

њоло ў бо мо мебуд, аз тамошои чењраи нуронии устод Рўдакї бештар аз њама хурсанд мешуд. Воќеан њам, устод Садриддин Айнї, дар баробари он ки худ аз абармардони миллати тољик буд, бањри бузургдошту муаррифии фарзонафарзандони ин миллати барўманд хидматњои фидокоронаву садоќатмандона кард, ки инро, аз љумла, метавон дар мисоли талошњои пайгиронаи ў бањри посдории рўњи поки Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї собит ва таъкид сохт. Вориси накўноми сухансарои Панљрўд Лоиќ Шералї дар арљдошти устод Айнї бо номи «Айнї» шеъре саршор аз мењр дорад, ки ин пора аз он љост: Зи лавњи гўрњо, аз мармари сарди мазористон, Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргўрон, Зи наќши њар катиба, наќши нохун дар тани зиндон, Зи соњилњои бедарё, зи дарёњои бељарён Ту моро кофтї, устод, Ту моро ёфтї, устод! Оре, умри пурбаракати устод Айнї дар кофтану ёфтани «дурдонањо»-и ноби миллати фархундаи тољик сарф гашт ва аз сари адолату сипосмандї буд, ки бо Фармони Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ба ў унвони олии Ќањрамони Тољикистон дода шуд. Њамзамон рамзи покдории ѓояњои олии миллатпарастонаи устод Айнист, ки дар Тољикистон њамасола 22 сентябр чун Рўзи Рўдакї таљлил мешавад, хиёбони марказии пойтахти Тољикистон – шањри Душанбе ва боѓи марказии он номи устод Рўдакиро гирифтааст. Бо Фармони Сарвари кишвари тољикон соли 2008 Соли бузургдошти устод Рўдакї эълон гашт ва дар ин сол 1150-солагии Одамушшауро ба таври хеле пуршукўњ ва дар сатњи байналмилалї љашн гирифта шуд. Имрўз зодгоњи устод Рўдакї, дењаи зебоманзари Панљрўд, ки барои љањони адаб кашфкардаи устод Айнист, хеле ободу зебост ва дар моварои он маќбараи шукўњманди Султони шоирон чун нигине андар дили кўњсорони солору устувор назаррабої мекунад. Бо зиёрати ин дењаи воломаќому фархунданом аз ќаъри дили саршор аз мењри њар фарди хирадоин беихтиёр мисрањои ифтихоромези шоири накўноми тољик Њабибулло Файзулло садо дармедињанд: Зињї бар Панљрўди Рўдакизод, Ки бар шеъри дарї болу паре дод! Абдурауф МУРОДЇ


8

ОМЎЗГОР

АКСИ САДО

№ 38, 20 сентябри соли 2013

НУЌТАИ НАЗАР

ЊАР КЇ БО ДУШМАНИИ ХАЛЌ РАВОН АСТ…

Аз шањрвандони кишвар борњо шунидаам, ки зиндагии мардуми моро ќобили ќабул медонистанд. Орзу мекарданд, ки чунин зиндагї насибашон шавад. Сулњу оромї ва пешрафту шукуфоии моро душманон ва њасудони миллату ватани мо чашми дидан надоранд. Мехоњанд, ки ин оромию осудагї аз байн равад, солњои мудњиши љанги шањрвандиро бозгардонанд. Аммо ин дигар имкон надорад, мардуми мо дигар мисли бист соли пеш соддаву зудбовар нест. Дўстро аз душман фарќ мекунад. Аз њама муњимаш, ин халќро Худованд роњбари донову хирадманд на-

си сиб гардондааст. Ваќте сафсатањои Додољони А Атовуллоро аз тариќи телеви визиони К+ шунидам, маќоли ха халќии “Саг ово мекунад, корво вон ба роњаш рафтан дорад” ба ёд ёдам расид. Корвони мо ба пеш, ба сўи рушду тараќќиёт њаракат до дорад, ба овои сагон назаре, ња њатто, нимнигоње надорад. Худи ња њамин барнома аллакай нокомш шуда мебошад ва нокомии он бо як бори дигар рўсиёњии душбоз ма манони моро дар назди љомеаи ља љањонї намоиш дод. Атовулло аз худ шахсияте месозад, ки гў гўё босаводтарину донотарин то тољик аст, ѓамхортарин “ватандо дор” аст, ватану миллат ба ў ва ў баринњо ниёз доранд, аммо аз за зарфияти сухангўї ва фарњанги гуфтораш маълум мегардад, ки њељ ин тавр нест, дигаронро таънаву маломат мекунаду худ ду љумларо дуруст бо њам љўр карда наметавонад ва њар гањ бо лакнат сухан мегўяд. Бо ин њолу ањвол оё ў њаќ дорад дигарони аз худаш як сару гардан болоро камсаводу чаласавод гўяд? Боз ба хотироти Афѓонистон бармегардам ва ба ёд меорам, ки чї ќадар обрўву манзалат дорад Тољикистони кўчаки мову роњбари он дар байни мардум ва њукумати ин кишвар. Боре иттифоќ афтод, ки аз наздик сарварамон Эмомалї Рањмонро дар Кобул, дар рўзи ифтитоњи бинои сафорати Тољикистон бубинам ва

ЊАМОВОЗЇ

дасташро бифишурам. Аз нигоњи пешвоямон хонда мешуд, ки ифтихор дорад, ки мо - тољикон низ дар барќарорсозии кишвари муштаракзабону муштаракфарњанг сањмгузорем. Ин аз он далолат мекунад, ки то чї андоза ў роњбари њаќиќатан мардумї аст. Замоне ки Эмомалї Рањмон ва Њамид Карзай дар њавлии сафорат сухан мекарданд, фахр мекардам. Ёдам меояд, ки дар як мањфиле нишаста будам, ба хотири љашни Гули Сурх (Наврўз) дар Мазори Шариф. Як генерали панљшерї сухан мекард. Ба љуз мо шањрвандони Тољикистон намояндагони дигар кишварњо низ њузур доштанд. Дар суханњояш ў бо як эњтироми хос дар бораи Тољикистон ва роњбари он њарф мезад, дуо мекард, ки Худованд Эмомалї Рањмонро дар сари мардуми тољик чун пешвои роњнамунсоз нигањ дорад. Дар Афѓонистон ва дењањои дурдасташ борњо бо нафарони бонуфузи дењањо ва мардумони оддї нишастњо доштам ва њар гањ аз тинљиву оромї сухан мерафт, онњо дар бораи сулњи тољикон бо њавас сухан мегуфтанд. Мегуфтанд чї гуна дар як муддати кўтоњ мардуми Тољикистон бо њам омаданд, вањдат насиби онњо гардида, аммо дањсолањо мешавад дар Афѓонистон кашмакашињои дохилї хотима намеёбанд. Дар бораи музокироти сулњи

тољикон дар Афѓонистон ќиссањои зиёд мављуданд, ки дар онњо ќањрамонони асосї Эмомалї Рањмон, Ањмадшоњ Масъуд ва устод Бурњониддин Раббонї мебошанд. Дўстони афѓонї ќисса мекунанд, ки Эмомалї Рањмон дар Афѓонистон аз чархбол поин мешавад, ў ва њамроњонашро аввал Ањмадшоњ Масъуд пешвоз мегирад. Эмомалї Рањмон мебинад, ки дуртар чанде аз намояндагони мухолифини тољик истодаанд. Замоне ки чашми Эмомалї Рањмон ба онњо меафтад, онон рўяшонро бо як виќор ба дигар тараф мегардонанд. Дар ин лањза Эмомалї Рањмон бо самимияти ба худ хос ба онњо мегўяд:- Муллоњо, ин ќањру ѓазабро бас кунед! Баъди ин гуфтанњо намояндањои мухолифин ба тарафи ў њаракат карда, дасташонро барои салом дароз мекунанд. Намедонам, дар ин ќисса чї ќадар њаќиќат аст, аммо њаминаш муњим аст, ки мазмуни он сулњхоњии роњбари мо ва аз тарафи дигар муњаббати мардуми оддии кишвари њамсояро нисбат президенти мо нишон медињад. Дар ин ќисса, инчунин, орзуву омоли афѓонњо нуњуфтааст, ки кай онњо низ мисли мо - тољикон ба рўзи вањдат мерасанд. Бошгоњи муњољирини тољикро афѓонњо Кампи Сахї меноманд ва ин ном њамчун номи як мањал дар бисткилометраи

МУШКИЛОТИ ПЕШОРЎ ВА… Чанд сухан дар бораи китобњои забон ва адабиёти тољик

Ин ду фан ба њам пайванди ногусастанї доранд. Хонандаи мактаби тањсилоти миёнаи умумї то фанни забонро бо тамоми љузъиёташ наомўзад, адабиёти пурѓановати худро омўхта наметавонад. Аз ин рў, на танњо барномаи љории адабиёти тољик, инчунин, барномаи забони тољикї низ ба таљдиди назар ниёз дорад. Њама донишљўи факултањои филологї намегарданд, ин дарсњо дар мактаби тањсилоти миёнаи умумї бояд ба таври љиддї омўзонда шаванд. Фикру мулоњиза ва пешнињодоте, ки аз љониби вазири маорифи љумњурї Н.Саидов, директори Пажўњишгоњи рушди маорифи АТТ Ш. Исрофилниё ва декани факултаи филологияи тољики ДДОТ ба номи С.Айнї Б. Шарифов дар рўзномаи «Омўзгор» (№24, аз 14.06.2013) ба табъ расид, дар байни омўзгорони мактаби мо њамовозии гарму љўшон ба вуљуд овард. Инак, баъзе фикру мулоњизањо. Тарљумаи њоли адиб ва сарнавишти пуршебу фароз маќому манзалати ўро дар давру замони муайян инъикос мекунанд. Ба воситаи шарњи њоли адиб симои маънавї, мавќеи иљтимої, шахсият ва љањонбинии адиб, инчунин, муносибати ў ба љомеа равшан мегардад. Бисёр мехостам, ки муаллифон ва мураттибон дар баёни шарњи њол, тањлили осор, офаридани симои ин ё он адиб эњтиёткорона ва нуктасанљона муносибат намоянд, зеро

як фикри ѓалат, ё беэътимод метавонад ба шуури хонанда ба таври њамешагї таъсири манфї расонад. (Масалан, Суњробро «њаромї» ва Даќиќиро «бодахор» нишон додани муаллифон дар байни ањли таълиму тадрис чї ќадар вокуниш ба вуљуд овард!) Муњим он нест, ки муаллифон дар тањия ва пешнињоди китобњои дарсии адабиёт тамоми илму дониш, мањорату истеъдоди олимии худро нишон дињанд, балки муњим он аст, ки толибилм ба њаёт ва фаъолияти адабии ин ё он чењраи илму адаб на танњо шинос шавад, инчунин, аз он бањравар гардида, дар рўњияи мењнатдўстию ватанпарастї, вањдатофарию сулњэљодкунї ва созандагиву бунёдкорї тарбия ёфта, ба камоли маънавият бирасад. Муаллифон ва мураттибони китобњои дарсии адабиётро зарур аст, ки баъди навиштани ин ё он боб бевосита ба мактаб раванд, њамон мавзўъро дар асоси методикаи таълим як маротиба бо хонандагон амалан баррасї кунанд ва пас ба хулосае биоянд. Омилњои зиёданд ин љо. Яке он ки забони тољикиро дуруст намеомўзанд, дигар ин ки мутолиаи асарњои бадеї хеле суст ба роњ монда шудааст, бар замми ин, аттестатсияњои аз синф ба синфгузаронї ба тариќи шифоњї нестанд, ки хонанда китоби дарсиро гаштаю баргашта хонаду шеър аз бар кунад ва доираи фањму идроки илмомўзиаш вусъат ёбад. Бинобар ин, мехоњам пешнињод намоям, ки муаллифони муњтарам забони китобњои дарсиро каме содатару фањмотар вобаста ба синну соли хонанда, ташаккули љисмонї ва дараљаи саломатии ў пешнињод намоянд, албатта, чунон содае не, ки мунавварфикрони тољик дар ибтидои асри ХХ забонро оммафањм намуда, ќариб ба пояи ифрот расонда буданд. Воќеан, мо бояд бо омўзиши адабиёти классикї бештар мањдуд нагардида, адабиёти шўравиии тољикро низ бо тамоми пањлуњояш амиќ омўзем. Дарвоќеъ, 80 фиса-

ди осори адибоне, ки дар «Адабиёт»-и синфи 11 њамчун адибони даврони Истиќлолият номбар шудаанд, дар даврони шўравї (асри ХХ) эљод гардидаанд. Адабиёти даврони истиќлол адабиёти муосир буда, он аз дарёи адабиёти шўравии тољик об хўрдаву бо зевари адабиёти классикї пероста шудааст. Зарур аст, ки адабиёти даврони истиќлол аз рўи китоби алоњидаи дарсї таълим дода шавад. Барои хонанда аз њама воситаи аёнии таъсирбахш ин китоби дарсї мањсуб меёбад. Месазад, ки арзандатаринњоро, ки идеалњои пешќадами давлату миллатро васфу ситоиш мекунанд ва насли наврасро дар рўњияи ватандўстию худшиносии миллї тарбият менамоянд, дар китоби дарсии «Адабиёти даврони Истиќлолият» ворид намуда, таълим бидињем. Барномаи таълими фанни забони тољикї низ барои њамаи синфњои мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ба таљдиди назар ниёз дорад. Дар омўзиши матнњои калонњаљм ё дорои љумлањои мураккаби сертаркибу омехта њам хонанда ва њам муаллим душворї мекашанд. Баъзе муаллифон аз рўи мавќеи љамъиятии шоиру нависанда муносибат намуда, чунин мепиндоранд, ки матнњо ва љумлањо аз адибони машњуру калонсол бояд интихоб шаванд. Ба омўзгор ва омўзанда маводи таълимии муассиру дидактикї зарур ва муњим аст, на синну солу мартабаву мансаби адиб! Дар китобњои забони тољикї аксарияти љумлањо саросар яъсу ноумедї ва зиндонии талху рўзгори сангини як-ду адибро ифода кардаанд, ки ин оќибати хуб надорад. Талаби бештари машќњо «Матнро хонед ва… муайян кунед» аст. Баъзе муаллифон бештар ба нутќи шифоњї таваљљуњ карда, ба нутќи хаттї (тањрирї) кам ањамият додаанд. Њол он ки дар пурсиши вазифаи хонагї ва мустањкамкунии дарс муаллим, пеш аз њама, хонандагонро ба навиштан дар тахтаи синф сафарбар мекунад. Дарси забон, воќеан, бояд дарси забономўзї, маънифањмї, ахлоќї, худшиносї бошад.

шоњроњи Мазори ШарифКобул боќист. Ин мањалест, ки зимистони солњои 1992-93 њазорњо мардуми гурезаи тољик њамчун мањали зист интихоб намуданд. Ман ба ин љо барои зиёрати ќабристони њамватанони худ чандин дафъа омадаам. Аз катибањои болои оромгоњњо маълум мегардад, ки дар рўзњои аввали ба ин љо омадан фавтидагон аксаран тифлон ва пиронсолон мебошанд. Ана, дар њамин љойи бе сояву дарахт ва беоб мардуми мо ќариб панљ сол истиќомат карданд. Хушбахтона, тобистони 1997 созишномаи сулњи тољикон имзо гашт ва дафъатан аз ин мањал ба дигар љойњо бозгардонидани муњољирон оѓоз ёфт. Имзои ин созишнома барои муњољирони Кампи Сахї сариваќтї буд, чунки тирамоњи њамон сол толибон ба Мазори Шариф њуљум оварданд ва Кампи Сахї ба майдони љанг табдил ёфт. Агар њамон замон бо аљала мардуми мо аз ин мањал кўчонда намешуданд, шояд талафоти зиёд онњоро дар пеш буд. Нотавонбинон, њасудон ва душманони миллату Ватани мо (мисли Додољони Атовулло) ин њама муваффаќиятњоро тањти сарварии Эмомалї Рањмон чашми дидан надоранд. Мо мегўем: зињї Эмомалии Рањмон, ки саодати кишварро Худованд тавассути шумо ба мардуми Тољикистон ва миллати тољик насиб гардонидааст. Мирзоалї МИРАЛИЕВ, омўзгори забони англисии Мактаби байналмилалии Президентї дар шањри Душанбе

Ин маънї бояд дар машќњо ва матнњои услубњои гуногуни забон бо љаззобиву њусни баён ифода ёфта, равшану возењ гардад. Дар барномањои таълимї ва китобњои дарсї ба ќисмњои муассири забон-этимология, фразеология, лексикология соатњо хеле кам људо карда шудаанд, дар њоле ки барои омўхтани баъзе њиссањои нутќ (чи мустаќилмаъно ва чи ёридињанда) соатњои зиёд бахшида шудаанд. Талабагонро мо он ваќт сухандону суханвар менамоем, ки ба онњо сермаъноии калимањо, ифодаву иборањои рехтаи маљозї ва бо љумлањои гуногунсохту гуногунсавт ифода кардани нутќи шифоњї ва хаттиро таълим бидињем. Тањлилњо ва мушоњидањои воќеї собит менамоянд, ки агар аз аксарияти хонандаи имрўза бадоњатан гуфтан ё навиштани як љумларо талаб кунем, сарфи назар аз он ки дар синфи чандум мехонад, бечуну чаро «Ман ба мактаб меравам», ё «Ман аз хона омадам» мегўяд ё менависад. Яке аз омилњои инкишоф додани нутќи шифоњию хаттї дар нињоди хонандагон ба вуљуд овардани љањонбинии илмї, дарки зебопарастї ва огањї доштан аз воќеоту њодисоти рўзмарраи њаёт ба шумор меравад. Дар дарсњои забон њамаи ин мўљибот ба воситаи машќу матнњои хушнавис дилнишин ва таваљљуњбарангези китобњои дарсї метавон амалї намуд. Як мушоњида кунед. Дар китобњои забон ягон ибора ва љумлае нест, ки дар бораи созмонњои талабагї, ќањрамонони Тољикистон, њаёти ибратомўзи ходимони барљастаи илму фарњанг ва сиёсат наќл кунад. Албатта, дарси забон дарси сиёсат нест, вале бо машќу матнњои пурмуњтаво ва мувофиќ ба талаби замон мо метавонем ба бедории шуури сиёсию љамъиятии насли наврас мусоидат намоем, дар зењни хонандаи муосир њисси эњтиром ба арзишњои бузурги миллїхудогоњиву худафрўзиро парвариш намоем. Хулоса, барои ба њадаф расидан таълифи китоби дарсии мувофиќ ба синну сол ва завќи хонандагон ногузир аст. Барои ин, пеш аз њама, дар тартиб додани барномањои таълимї мо бояд эњтиёткор бошем. Наргис САФАРОВА, омўзгори мактаби №30 шањри Душанбе


ОМЎЗГОР

ТАРБИЯ МУЊИТИ МАЪНАВЇ

КУЉОСТ МЕЊРИ БАРОДАРЇ?

Бародарон буданд Фатњиддин ва Садриддин. Онњо аз айёми тифлї бо њам «рост намегирифтанд» ва ин хислатро то ба пирї нигоњ доштанд. Шояд рўзе кинаву кудуратро аз худ дур мекарданд, агар бо њам боља намешуданд. Падару модар барои шоњписарони худ ду хоњарро келин карданд. Орзу доштанд, ки бародариву хоњарии фарзандону келинњояшон боиси мустањкамии риштањои хешутаборї ва бахту саодати хонадон мегардад. Вале чун њамешагї орзу бо њаќиќат мутобиќат накард. Апаву хоњар ба њамдигар душман гардиданд. Њар рўз рўканиву мўканї… Хоњ бовар кунед, хоњ не, ин ранљишу дилсардї тўли 40 сол идома ёфт. Касе аз бародарону хоњарон

ДИДГОЊ

Синну соли наврасї дар адабиёти психологї њамчун синни душвор ба ќалам дода мешавад. Дар ин синну сол организми наврасон зоњиран ба калонсолон монанд шавад њам, байни онњо тафовути куллї мављуд аст. Аз тарафи дигар, наврасон њоло на шахси баркамоланду на бачаи хурдсол. Онњо дар зинаи гузариш буда, таѓиротњои куллии анатомию физиологї, психологї ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рў, душвории овони наврасї пеш аз њама дар таѓйирёбии имконоти маънавї, иљтимої ва шаклњои нави муоширати байнињамдигарии онњо бо њамсолону атрофиён, махсусан волидайн ва дигар калонсолон зоњир мегардад. Зиёда аз ин, дар ин синну сол шароити зист ва фаъолияти системаи асаб, олами рўњї, дар тарзи муошират бо атрофиён ва дар раванди таълим бо муаллим ба вуљуд меоянд. Табиист, ки чунин таѓирот аз наврасон дараљаи баланди фаъолияти фикриро талаб мекунад. Онњо бояд мантиќан фикр карда, аз маводњои хондашуда хулосањои чуќуру асоснок бароранд, моњияти таносуби байни мањфумњоро ошкор созанд ва мафњумњои навро аз бар намоянд. Инчунин, дар ин синну сол мавќеи

№ 38, 20 сентябри соли 2013

намегуфт, ки фарзандони як хонаводаанд, бародарон аз пистони як модар шири сафед хўрдаанду њамсаронашон - хоњарон њам. То њол ман сабаби воќеии ин душманиро намедонам. Ба фикрам, сабабе вуљуд надорад, ки ба хотири он бародар аз бародару хоњар аз хоњар тўли чил сол дурї љўяд ва душманї варзад. Мева аз дарахташ дур намеафтад, мегўянд. Хислати падарон фарзандонро низ беасар намонда будааст. Пас аз љангњои бемаънї шароити зисту зиндагонї вазнин гашту Фатњиддин бо писаронаш Норбою Салим њашт моњ кор карданду ваќти таќсими музди мењнат байни бародарон љанљол бархост. Бародарон њамдигарро душман шуданду падар дар сари ќањр писари калонї Норбойро дуои бад кард: «Илоњо, рўзи некро набинї!» «Дуои падар сипар надорад» мегўянд, ки њаќ асту рост. Дуои Фатњиддин њам Норбойро гирифт. Дар аввал зиддиятњои бародарон боиси он гардид, ки Салим дар тўи бародараш иштирок накард. Чанд сол аст, ки Салим ба хонаи хоњараш Сафармоњ низ намеравад. Ман њамеша дар бораи муносибати бародарону хоњарони ин хонадон ва падарони онњо андеша намуда, ба њайрат меоям. Сабаб мељўяму пайдо

карда наметавонам, ки чаро бародарон ба њам рўи хуш намедињанд? Чаро ба хонаи њамдигар намераванд? Ин њама кинаву кудурат аз чист? Наход, камбаѓалї бародару хоњаронро аз њам људо созад…? Чаро? Барои чї? Наход, сабаб зиддияти айёми љавонист, ки шояд аз бетаљрибагист. Наход, фарзандони бародарони њамхун ба њам бегона гарданд? Медонам, ки ин сухани маро бархе ќабул карда наметавонанд. Вале ман илтимос дорам, сар рўи зону гузореду биандешед, ки оё ман хато гуфтам? Оё дар ин навиштањоям дурўѓе њаст? Пас, чаро бародар дасти бародар нагирад, чаро душманиро аз дилњо берун накунем? Чаро ба хатои кардаи хеш иќрор нашавем? Хоњиш дорам, ки хонандагони њафтавори дўстдоштаам «Омўзгор» низ дар ин бораи фикру мулоњизањои хешро ба унвони њафтавор ирсол доранд. Худо кунад, ки маслињату навиштањои шумо бародаронро ба њам орад, хоњаронро ба њам орад ва дигаронро низ, ки имрўз ба ќадри бародару хоњарї намерасанд, ба андеша водор намояд. Сайвалї ШЕРАЛИЗОДА, омўзгори мактаби №18-и ноњияи Фирдавсї

ВАЌТЕ КИ КЎДАК КАЛОН МЕШАВАД…

ља љамъиятї ва коллективии на наврасон таѓйир меёбад. Ин ба онњо имконият медињад, ки дар чорабинињои тарби биявии мактабї ва берун аз мактабї фаъолона ширка варзанд ва њисси зиёди кат ма масъулият пайдо намоянд. Зи Зимнан, таѓиротњои муњими фи физиологї, рўњиву аќлї, маънавї ва иљтимої дар нињоду сиришти наврасон ба вуљуд меоянд. Илова бар ин, балоѓати љинсї ва таѓироти биологї, ки дар организми наврасон ба вуљуд меоянд, ба фаъолияти системаи асаби онњо таъсир бахшида, боиси инљикї, зудранљї, тундмизољї ва даѓалии онњо мешавад. Дар зери таъсири ангезандањои гуногун вазъи рўњии наврасон яку якбора хира шуда, дар онњо рўњияи ѓамгинї, бетафовути нисбат ба њодисањои гирду атроф, парешонфикрї, беташаббусї, асабишавї , њаяљоннокї, коњиши ахлоќ ва ѓайра ба амал меоянд. Аз ин лињоз , чунин хусусиятхои рўњиву физиологии наврасонро дар рафти кори таълиму тарбия ба инобат гирифтан зарур аст. Дар асоси бањисобгирии хусусиятњои биологї, физиологї ва руњии наврасон муаллимон, волидайн ва дигар калонсолон вазифадоранд, ки ба наврасон дар бораи таѓиротњои организм маълумот дињанд ва ќонуниятњои физиологї ва табиї будани онњоро фањмонанд, то ки рафтору муносибати худро бо атрофиён дуруст ба роњ монанд. Яке аз хусусиятњои муњими синну соли наврасї худшиносии «ман» ва та-

шаккулу тањаввули њисси калонсолї мебошад. Наврас дарк мекунад , ки ў дигар кўдак нест, балки калон шуда истодааст. Тайёр будани худро ба њаёти калонсолї њамчун аъзои баробарњуќуќ эњсос мекунад ва дар њама љабњањои њаёти калонсолон фаъолона иштирок мекунад. Пайдо шудани эњсоси балоѓат ва камолот ё худшиносии «ман» дар наврасон њодисањои фавќулодда нест. Наврас њис мекунад, ки ќадаш баланд, вазнаш афзуда истодааст, тобоварии љисмониаш зиёд шуда, аломатњои инкишофи љисмонї дар ў бо суръати тез ба назар мерасанд, ки сохти организмаш бо калонсолон монанд шуда истодааст. Ў хуб дарк мекунад, ки дониш, мањорату малакаи мењнатї ва љањонбиниаш васеъ гашта истодааст. Њамин худшиносї ва њисси калонсолї дар наврас кўшиши мустаќилият ва новобастагиро ба вуљуд меова-

НУЌТАИ НАЗАР

9

АЛЊАЗАР, АЗ ХИСЛАТИ БАД!

Баръакс, дар љамъият инсонњое њастанд, ки танњо ба зоњир одаманд, дар асл хислатњои зишт доранд. Онњо моњияти зиндагиро намефањманд ва умри худро бефоида сарф мекунанд. Як гурўњи одамон ба носу тамоку ва нашъа дил баста, њаёти ширини худро талх мекунанд. Агар шахс илму дониш омўзад, бо нури дониш роњи зиндагии худро равшан мекунад. Дар ин бора устод Абўабдуллоњи Рўдакї гуфтааст: Дониш андар дил чароѓи равшан аст, В-аз њама бад бар тани ту љавшан аст. Пас, мо бояд мисли гузаштагонамон аз пайи омўзиши илму дониш шавем, рўй ба фарњанг оварем. Ба амалњои бад, мисли носу тамокукашї ва нашъамандї бояд танаффур дошта бошем. Ин корњои ношоям ба инсон зарари калон меоранд. Зиндагї бидуни хислатњои номатлуб њама касро ба кўи мурод мерасонад, хушбахт мекунад. Мављигул ХОЛОВА, омўзгор

рад. Пайдо шудани «њисси калонсолї» ва худшиносї ба он оварда мерасонад, ки наврас њуќуќњои калонсолонро мањдуд месозад ва њуќуќи худро васеъ мекунад, талаб менамояд, ки калонсолон шахсияти ўро эњтиром кунанд, ба ў бештар озодї ва мустаќилият дињанд. Аз тарафи дигар, «њисси калонсолї» боиси он мегардад, ки рафтору одоби кўдакон ислоњ гардад ва онњо ба хислатњои калонсолї соњиб шаванд. Сониян, наврас дар муносибат бо калонсолон меъёрњо ва ќоидањои маънавиро аз бар карда, кўшиш менамояд, ки сазовори бањои мусбии калонсолон гардад. Калонсолон набояд фаромўш кунанд, ки пайдо шудани «њисси калонсолї» ин њиссиёти солиму мусбї буда,ба он фишор овардан нашояд, балки наврасонро ба роњи дурусти зиндагї ва муоширати маданї њидоят намоянд. Муносибати калонсолон бо наврасон бояд дар асоси меъёрњои муайян, бошуурона ва эњтиёткорона гузарад. Калонсолон бояд донанд, ки назорат ва эњтироми шахсияти наврас бамаврид бошад. Вале назорати доимї, ки боиси дилхунукї ва асабонишавии наврас мегардад, баръакс, зарар дошта, наврасонро аз калонсолон дур месозад . Бисёр хуб мешавад, ки падару модарон фарзандонро ёрдамчии худ интихоб карда, ба онњо мањорат ва малакањои мењнатї ва оилавиро ёд дињанд, корњои дар њаёти онњо заруриро омўзонанд. Тарзи сухангўї, маданияти оиладорї, мењнатдўстї, ахлоќи њамида ва амсоли ин сифатњои неки калонсолон ба ташаккули сифатњои шахсияти наврасон таъсир карда, дар тарбияи онњо наќши муњим мебозанд. Умаралї ФОЗИЛОВ, омўзгор аз шањри Вањдат

НАВИД

МАРКАЗИ ТАЪЛИМЇ

Бо ибтикори филиали Маркази таълимии калонсолони Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар шањри Хоруѓ ярмаркаи таълим ва омўзиши калонсолон доир гардид. Дар он мањсулоти ќаннодї, дўзандагї, муњрабофї, бофандагї ба намоиш гузошта шуд. Њоло дар марказ 126 нафар ба омўзиши касбњои дўзандагї, муњрабофї, тоќидўзї, ќаннодї, омўзиши забонњои хориљї ва компютер фаро гирифта шудаанд. - Маќсад аз баргузор намудани ярмарка љалби љавонон ба касбомўзї ва соњиби пешаи дилхоњ гардидан аст,мегўяд директори филиали Маркази таълими калосолони Тољикистон Элчай Муродбекова. Љ. ЌОЗИБЕКОВ, «Омўзгор»

ФАЪОЛИЯТ ТАЌВИЯТ МЕЁБАД Маркази тањсилоти иловагии шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб дар шањри Кўлоб ягона мебошад. Дар марказ 630 нафар хонанда дар 42 мањфили гуногун ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда-

анд, бо онњо 38 нафар омўзгорони ихтисосманду ботаљриба кор мебаранд. Н. Њайдаров, директори Марказ, фаъолияти 42 мањфил, аз ќабили «Табиатшиноси наврас», «Сайёњи наврас», «Рассомони љавон», «Бофандагї», «Кадбону» - ро хуб арзёбї кард ва њамчунин иброз намуд, ки шумораи хонандагонро аз њисоби фарзандони оилањои камбизоату ятим зиёд кардаанд. Дар озмунњои вилоятї ва љумњуриявї дастпарварони марказ фаъолона ширкат варзида соли гузашта 3 нафар ѓолиби озмуни даврии љумњуриявии «Техникони наврас» гардиданд. Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»


10

ОМЎЗГОР

МЕТОДИКА

№ 38, 20 сентябри соли 2013

ПЕШНИЊОД

МУЛОЊИЗА

БА ФАНЊОИ РИЁЗЇ ЉОЙ ДИЊЕД Ассалому алайкум, ходимони њафтаномаи «Омўзгор»! Ман Давлат Шарифов – омўзгори собиќадор бори аввал ба шумо нома менависам. Бояд гўям, ки њар як шумораи нашрияро, ки ба дастам меафтад, пурра мутолиа мекунам. Ваќте, ки «Омўзгор»-ро вараќгардон мекунам, пай мебарам, ки дар бораи фанни риёзї мавод кам аст. Аз шумо, ходимони њафтанома хоњиш мекунам, ки дар яке аз сањифањо барои фанњои риёзию табиатшиносї љой људо кунед. Дар љумњурї муаллимони ботаљрибаи фанни риёзї зиёданд. Хуб мешуд, ки онњо тарзи њалли масъалањои душворро аз фанњои геометрия ва алгебра ба хонандагон омўзанд. Аз љумла, ман зарур донистам, ки њалли ду масъалаи муњими №270 ва 278-ро аз фанни геометрия доир ба њаљми пирамидаи сарбурида пешкаши хонандагон кунам. 1. Масъалаи №278 аз фанни геометрияи синфи 11, муаллиф Боймурод Алиев. Дар пирамидаи сарбуридаи секунља, ки баландиаш 10м аст, тарафњои яке аз асосњо ба 27 м 29 м ва 52 м баробаранд. Периметр ва асоси дигар 72 м аст. Њаљми пирамидаи сарбуридаро ёбед.

Дарси забони англисиро метавон дарси шавќовартарини мактаб ном бурд. Зеро забони англисї зебоиву нафосате дорад, ки хонандаи мактаб бе ягон дудилагї ба он мењр мебандад. Алифбои на он ќадар ѓанї (њамагї 26 њарф), аммо дорои луѓати зиёд ва калимаю иборањои дилчасп аст. Таркиби овозњои калимањо зебо ва талаффузашон осон аст. Тарзи љумласозии устувор: (мубтадо+хабар+аъзоњои пайрави љумла) тасрифи осони феъл (I work, You work, He(She) works, We work, they work) ва грамматикаи шавќовар. Ин њама барои хонандаи тољик воќеан љолиб аст. Љињати дигар ин ки забони англисї забони умумиљањонї аст.

count a hundred». Тарљумаи тањтуллафзи онро хонанда бояд донад: «Ќањрат ояд, то сад шумор». Бо фанни математика низ алоќамандї дида мешавад. Њанўз аз оѓози омўзиши шумора њамчун њиссаи нутќ ин робита оѓоз мегардад. Оњиста –оњиста истилоњоти математикї ба монандаи зарб, таќсим, љамъ, тарњ, масоњат, масофа, њаљм, калон, хурд ва дигарњо дар захираи луѓавии хонандагон пайдо мешавад ва дар яке аз дарсњои англисї мавзўъро метавон ба њисобу китоби мисолњои дарси математика баргардонд. Маълумоти таърихї бо забони англисї дар китоби дарсии синфи 8 «Санкт Петербург- ќањрамоншањр» ома-

ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ

ВА ФАНЊОИ ДИГАР

Яке аз маќсадњои асосие, ки њар як омўзгори фанни забони англисї њангоми навиштани план-конспект ба пеш мегузорад, ин равнаќ додани нутќи шифоњии хонандагон аст. Барои муваффаќ шудан метавон аз маводи гуногун истифода кард. Аслан, њангоми омўзиши забони англисї алоќа бо фанни забони тољикї вуљуд дорад. Аммо, агар сухан дар бораи адабиёти тољик равад, ин алоќамандиро бояд ёфт. Масалан, бо истифода аз маводи фанни адабиёти тољик (тарљумаи њоли шоирону нависандагон, порчањо аз асарњои бадеї, вариантњои англисии эљодиёти адибони тољик, зарбулмасалу маќолњо ва ѓ.) дарсро омода кардан мумкин аст. Хушбахтона, ин хел мавод дар китобњои дарсии мо љой доранд. Чунончи, зарбулмасалу маќолњо дар китобњои дарсии синфњои 8,9,10. (Сатская П.Н. Љамшедов П.Љ.), маќоли халќии «Ќањрат ояд, биниатро газ» ба забони англисї чунин ифода ёфтааст: «When you are angry,

АЗ ТАЉРИБА Машќи хат ва тозанависї љузъи таркибии дарсњои забони модарї ба њисоб рафта, њангоми иљрои машќњои имлоиву луѓавї ва услубї амалї мегарданд. Тозанависї дар њамаи синфњои якуму дуюм њафтае яксоатї ва дар

дааст: Шањр дорои бисёр љойњои таърихї аст ва соли 1703 сохта шудааст. То соли 1914 номњои Санкт-Петербург ва Петроградро дошт… Ин љо баъди шиносої бо ин матн, хонандагон якбора бо якчанд калимањои нав (historical-таърихї, to be foundedтаъсис ёфтан, to rename-ном иваз кардан, revolution-инќилоб, cradle-гањвора) шинос шуда, бо таърихи ин шањри азим ва ќадима ошно мегарданд. Мафњуми «ќањрамоншањр» ва муборизаи халќњои Шўравї дар солњои ЉБВ дар дарси англисї ёдрас карда мешаванд. Мурод аз нигориши ин сатрњо дар он аст, ки баробари омўзонидани грамматикаи забони англисї бо истифода аз маводи љолиб дарсро омода сохтан аз њама љињат муфид аст ва дарси англисї ин дарси кишваршиносї, ватандўстї, инсондустї ва одоби муошират аст. Бахтиёр УСМОНОВ, омўзгори мактаби №23 ба номи Б. Азимови шањри Исфара

сеюм: Доир ба матни «Шукри Нўшервон» панди Бадриддини Њилолиро навиштан мумкин аст: Абр агар аз ќибла хезад, сахт борон мешавад, Шоњ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад. Дар матни «Давлат чист?» зарбулмасали «Дар љањон бењтар аз сулњ чизе

нахоњад кард. Набояд касеро дилозурда сохт, зеро ки ба даст овардани дил баѓоят мушкил аст. Дар мавзўи «Дўсту душман» панди Њофизро ба хотир овардан ба маќсад мувофиќ аст: Дарахти дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад, Нињоли душманї баркан, ки ранљи бешумор

ПАНДУ АНДАРЗ ДАР ДАРС

Давлат ШАРИФОВ, омўзгори мактаби №98-и ноњияи Рўдакї

синфњои сеюму чањорум дар њар дарс то дањ даќиќа барои тозанависї ваќт људо карда мешавад. Машќњои рўбардор, навиштаљоти муќоисаи худ бо маводи китоб ё дастнавис, ёфтани ѓалатњо ва ислоњи он, навиштан ва баён, дарсњои санљишї, имло, наќли хаттї ва иншо асоси машќњои хат ва тозанависиро ташкил медињанд. Азбаски барои хонандагони синфњои 3-4 њамагї дањ даќиќа људо шудааст, мо метавонем аз навиштани панду зарбулмасал истифода барем. Пеш аз он, ки мавзўи навро ба хонандагон фањмонда дињем, бояд бо онњо суњбати муќаддимавї ташкил намоем ва он пандњое, ки њангоми машќи хат интихоб мекунем, бояд ба мавзўъ мувофиќ ва муќаддимаи мавзўи нави мо бошад. Масалан, дар синфи

нест» ё ин ки панди Давлат њама зиттифоќ хезад, Бедавлатї аз нифоќ хезад. (Низомї) Мавзўи ќиссаи «Хирсу боѓбон»-ро зарбулмасали: «Дасти шикаста ба кор меравад, дили шикаста ба кор намеравад» муќаддима шуда метавонад. Агар касе аз касе биранљад ва дилшикаста гардад, дигар ба ў раѓбат

орад. Ин тарзи корбарї хонандагонро ба хониши адабиёт водор месозад. Барои чуќур ва сањењ фањмондани мавзўъ кўмак мешавад. Хонандагон њам зебо менависанд ва њам аз панду зарбулмасалњо ба худ чизеро гирифта метавонанд. Гулбарг САИДОВА, муаллимаи синфњои ибтидоии мактаби №1, ноњияи Ѓончї


ОМЎЗГОР

СИМО

№ 38, 20 сентябри соли 2013 буд. Бояд гуфт, ки ин китоб дар да давоми 10 соли охир дар намуду ш шаклњои мухталиф бо зањмату кў кўшиши Ф. Х. Азизов ва дигаро дар шањри Хуљанд панљ марон ро ротиба аз чоп бароварда шуда, да дастраси шогирдон гардид. Њанўз соли 2005-ум мувофиќи пе пешнињоди Вазорати маориф Тољикистон Донишгоњи фи те технологї ва тиљорати Т Тољикистон ба низоми кредити тии таълимот гузаронида шуда

УМРИ ПУРБАРАКАТ

ОЛИМ, ОМЎЗГОР, РАФИЌИ МУШФИЌУ НУКТАСАНЉ

Шумораи умумии асарњои Њаќбердї Муњадбердиев зиёда аз 120 номгўй мебошад. Давоми 20 соли аввали дар Донишгоњи миллї фаъолият бурданаш вай ба сафи тадќиќгарони босуботи илмї дохил гардида, соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Андўхти истењсолї ва роњњои афзунгардонии самаранокии он»-ро дифоъ намудааст. Хамчун дар натиљагирии фаъолияти пурсамар дар Донишгоњи миллї ў бо медали 30-солагии таъсиси донишгоњ, дигар нишонањову мукофотњо сазовор гардонида шудааст. Мавриди ба фаъолият расидани Донишгоњи технологии Тољикистон Њ.Муњадбердиев ба њайси мудири кафедраи иќтисодиёт ва идора даъват карда мешавад. Фаъолият дар ин донишгоњ даврони серташвишу фаъолияти густардаву пањное ба шумор меравад. Чунки устод Муњадбердиевро мебоист дар љабњаи тањияву коркарди наќшањои таълимї, барномањо, маводи методию таълимї, кўшиши боз њам зиёдтар ба харљ дињад. Ўро мебоист дар њолати ноаёнию нокифоягии маводу

таљрибаи амалї барномањои навтарини таълимии фанњои тахассусиро таълиф намояд. Дотсенти Донишгоњи технологии Тољикистон Њаќбердї Муњадбердиев соли 1995 аввалан њамчун њамкор ба фаъолият дар Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, минбаъд ба њайси дотсенти кафедраи назарияи иќтисод ба кор даъват мешавад. Дар њамин давра вай бо кафедраи Донишгоњи кишоварзии Тољикистон њамкорї карда, як ќатор матни лексияњои худро доир ба ќисматњои муњимтарини «Назарияи иќтисод» бо њаммуаллифии А. Эргашев аз чоп мебарорад. Шумораи ин таълифоти муаллиф ба 6 адад мерасанд. Ба њамин минвол появу асоси устувор ва боэътимоди тањия кардани китоби дарсии «Назарияи иќтисод» омодаву пухта карда мешавад. Оќибат соли 2001 бо њаммуаллифии профессор А.Эргашев ќисми аввали китоби дарсии назарияи иќтисод ќисми «Микроиќтисод» (дар њаљми 635 сањифа) ва соли 2004-ум ќисми дуввуми ин китоб тањти унвони «Курси назарияи иќтисод» аз чоп бароварда мешавад, ки аз 344 сањифа иборат

САТРЊОИ САМИМЇ

МЕЊРНОМА

буданд. Устод Њ.Муњадбердиев дар кўшишњову иќдомоти кафедраи назарияи иќтисодии Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон оид ба омодаву дастрас кардани маводњои методї ва китоби дарсї барои шогирдон њиссагузорї мекунад. Солњои 2009 ва 2011 китоби дарсии «Назарияи иќтисод» мутобиќ ба низоми кредитии тањсилот дар нашриёти «Офсет» аз чоп баромада буд. Яке аз њаммуаллифони ин китоби дарсї њам Њ. Муњадбердиев мебошад. Вазорати маорифи Чумњурии Тољикистон Њаќбердї Муњадбердиевро ба нишони «Аълочии маориф» (соли 2009), раёсати Тољикматлубот ўро бо нишони «Аълочии кооператсияи матлуботи Тољикистон (соли 2011) ва ифтихорномањову мукофотњо сазовор гардонидаанд. Умуман Њ.Муњадбердиев миёни хосу ом њамчун устоди мушфиќу ѓамхор, рафиќи оќил соњибобрўст. Ў њоло дар марњилаи камолоту илмиву пажўњишгарї ќарор дорад. М. ЮНУСОВА, Б. ИСОМАТОВ, устодони ДДТТ

Ў РАЊНАМОИ МОСТ

Абдурозиќ Икромов њанўз солњое, ки дар мактаб мехонд, орзуи омўзгор шудан дошт. Ќишлоќи Охтоќи ноњияи Рўдакї дар он солњо хеле камањолї буду теъдоди хонандагони мактабаш хеле кам. Мактаб њафтсола буд. Абдурозиќ аввал барои кор ба мактаби 8-солаи љамоати дењоти Ќиблаї, баъд соли 1960 ба зодгоњаш дењаи Охтоќ омад. Мактаб њамагї 6 синфхона дошт. Дар он бештар аз 200 нафар хонандагон тањсил мекарданд. (Мактаби №51-и ба номи Мирзо Ризо). А.Икромов соли 1961 барои баланд бардоштани дониши худ ба Донишгоњи омўзгории шањри Душанбе дохил шуд. Баъдтар А.Икромов шуъбаи шабонаи ДДОТ ба номи С.Айниро хатм кард. Инак, беш аз 60 сол аст, ки ин омўзгори варзида ба хонандагон дарси маърифату инсондўстї, халќпарварию мењнатдўстї медињад. Њоло устод ба синни 78 расида бошад њам, бо азми комил ба хонандагон дарс медињад. – Ман, - мегўяд ў, - агар як соат ба мактаб наоям, худамро бемор њис мекунам. Шогирдонро, мактабро дўст медорам… Ду нафар фарзанди устод пайрави падар шудаанд ва пешаи омўзгорї доранд. Мо, њамкорон, ба устод рўзгору фаъолияти бардавом таманно дорем. Ў маслињатгар, рањнамо, пири кор, дили пур ва падари маънавии мост. Љумъа АРАБОВ, Зайниддин АЛИЕВ, Соњибназар НУРОВ, омўзгорони мактаби №73-и ноњияи Рўдакї

Отуной Дадобоева - ин ном ба кулли табиатшиносону набототшиносон, махсусан онњое, ки мутахассиси рустанињои шифоии кишварамон мебошанд, ошност. Соли 1948 пас аз хатми ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров О.Дадобоеваро ба кафедраи ботаника ба кор гирифтанд. Соли 1967 дар мавзўи «Рустанињои Тољикистони шимолї» рисолаи номзадї дифоъ намуда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмњои биологї сазовор гардид. Аз соли 2002 ба њайси профессори кафедраи ботаника ва физиологияи рустанињои донишгоњи номбурда фаъолият дошт. Тамоми умри пурбаракоти муаллима ба корњои љустуљўї, таљрибањои сањрої ва экспедитсияњои илми сарф шудааст. Охири солњои шастуми ќарни бист профессор О.Дадобоева азм кард, ки бояд барои аз наздик дидан, шиносої пайдо намудан ва омўзишу муќоисаи олами рустанињои минтаќаи Помир ба он љо сафар намояд. Мањз муњаббати беандоза доштан ба касб, мењнатдўстї, ба ќавли худ устувор будан ба олима имкон доданд, ки ба маќсади худ бирасад. О.Дадобоева дар сафар бо њамроњии худ як гурўњ шогирдонро низ бурда буд. ки онњо имрўз дар соњањои гуногуни хољагии халќ фаъолият доранд ва аз он сафари хотирмон бо ќаноатмандї ёдовар мешаванд. Яке аз онњо мудири лабораторияи омўзиши офатњои табиии ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров, доктори илмњои геология ва минералогия,

ЊАМДИЛЇ

11

САМАРАИ УМР

Ба аёдаташ рафтем. Дар болои сараш тољикзане, ки Муќума ном дошту њамсояи мењрубон ва наздиктаринаш буд, ѓамгину парешонњол менишаст. Валентина маљоли гапзанї надошт ва чунин менамуд, ки бењушу беёд аст. Вале гоњ - гоњ нигоњашро ба дар дўхта, барои охирин дидори љигарбандону фарзандонаш умедворї мекашид. Шояд васият карданї буду дарду алами дилашро гуфтанї. Вале афсўс, касе наомад. Муќума мењрубонона ба дањони Валентина оби тарбуз мечаконд, афсўс мехўрд... Оњ мекашиду ашк мерехт. Нињоят, Валентина нафаси вазнин баровард, хеле вазнин буд ин нафас. Магар бо ин нафас бо њаёт хайрухуш кард, ки бо њамин чашмони равшанашро њам аз олами њастї пўшид. Муќума ин њолро пай бурда, «Паноњат ба Худо, Валентинаљон» - гўён оњ кашид. Даруннокї месўхту аз чашмонаш сели ашк љорї мешуд. Валентина оромона аз дарду ташвиши дунё рањо ёфт... Муќума бори дигар оњу афсўсхўрон даст ба рўи хеш кашиду гуфт. - Санги аљал андеша надоштааст. Ба шишаи дили касе ра-

сад, пора мекардааст. Имрўз ин санг шишаи дили Валентинаро пора сохт. Оќибати одам њамин будааст ва мо, бехабарон, бењуда молу фарзанд гўён, љон мекандаем. Њарчанд љон кандем, ки Валентинаро љарроњї кунему дардашро фањмем, розї нашуд, гуфт, ки «Дар дилам дарду алам хеле бисёранд. Бигзор дарду ранљњоям њамроњам ба хок раванд...» Дар њамин лањза њамсоя ба њаќќи Худо баробар буданашро њис кардем. Инак, маросими дафни Валентина оѓоз гашт. Атрофи тобути марњумро ёру дўст, шогирдон ва њамкоронаш печонида онро гулпўш карданду гулрез. Дар њаќќи хизматњои ин омўзгори асил, зани њалиму хоксор, ки виљдони пок дошту мудом њаќиќатро мепарастид, суханњои воло гуфтанд, ашк рехтанд. Валентина ба хок супорида шуд. Ў умри кўтоњ дид. Вале дарахти умраш бесамар набуд. Самари он мењру муњаббат буд, ки дар дилу дидаи њамагон ва шогирдонаш љой доштанд… Боймурод ШОЊЗОДА

Ў КОШИФИ АСРОРИ ТАБИАТ БУД

профессор С.Абдурањимов мебошад. Профессор О.Дадобоева дар бораи гиёњњои дорувори Тољикистони шимолї тадќиќоти назаррас бурда, ба натиљањои дилхоњ ноил гашта буд. Мавсуф собит сохтааст, ки аз 1333 навъ рустании шифобахш дар тибби халќї 404 навъи он истифода мешавад. Аз тарафи профессор О.Дадобоева ќариб 110 навъ растании шифобахш бори нахуст кашф ва ба илми гиёњшиносї дохил карда шуданд. Муаллима њанўз аз овони хурдї ба олами гиёњшиносї раѓбат ва дилбастагии зиёд дошт. Ин муњаббатро ба ў падараш Дадобой-амаки боѓбон парварида буд. Њар гоње ки хоњарони Отуной бемор мешуданд, падараш аз боѓ баъзе рустанињоро оварда, тавассути онњо фарзандони худро шифо мебахшид. Дар ин лањзањо дили кўчаки Отуной беќарор мешуду ба ќавли худи муаллима бештар метапид. Њамин тапиданњо буд, ки дар оянда духтари Дадобой - амаки боѓбон биологи намоён, мутахассиси гиёњњои шифобахш шуда, беш аз 60 сол дар ин љода зањмат кашид. Њазорњо шогирдон аз устод О.Дадобоева сабаќ гирифта, бањрањо аз уќёнуси беканори илм бардоштаанд.

ИБТИКОР

Айёми донишљўї ба мо, донишљўён, бештар дарсњои сањроиву амалї маъќул буданд. Чунки омўзиши илмњои даќиќ, махсусан табиатшиносї таќозои онро дорад, ки объекти омўзишро бо чашм дида, сипас чизе нависем, хулоса барорем. Аз ин рў, устодон талќин мекарданд, ки табиатро бояд хонда тавонист. Профессор О.Дадобоева сар то сари кўњњои Помиру Дарвоз, Њисор, Туркистону Зарафшон, Муѓул, Ќурамаву Ќаромазор, водињои Фарѓонаву Вахшу Кўлоб, заминњои Дилварзину Мирзочўли тољикро гоњ пиёдаву гоњ савора ба хотири омўхтани рустанињои диёр тай карда буд. Мо, шогирдону њамкорон шоњиди он будем, ки муаллима дар ин таљрибањои сањроиву экспедитсияњои илмї нињоят масъулиятшинос буд. Хидматњои профессор Отуной Дадобоева бо ордени «Дўстии халќњо», медалњо ва ифтихорномањои гуногун ќадр карда шуда буданд. 27-уми январи соли 2013 дар синни 85солагї дили олимаи намоёни тољик аз задан бозмонд. Ёдат ба хайр, кошифи асрори табиат, эй инсони асил. Мунир ХОЉАЕВ

ЊАМКОРЇ

Марњабохон Раљабова сардори шуъбаи адабиёти тиббии китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоља Асирии шањри Хуљанд буда, касбашро дўст медорад. Вай ба шањри Душанбе ба дидорбинии духтари донишљўяш рафта, дар китобхонаю маѓозањои китобфурўшии пойтахт адабиёти барои шуъба заруриро љустуљў кард. Ба китобхонаи ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино низ рафта, бо директори он Саломатхон Эргашева шинос шуд. Бо фаъолияти китобхона ва тарзи хизматрасонии китобдорон ва истифодабарандагон ошної пайдо намуд. С.Эргашева ба њамкасбаш 43 нусха китоб ба маблаѓи 3 њазору 865 сомонї таќдим намуд. Имрўз ин китобњо ба донишљўёни коллељи тиббии шањри Хуљанд, ба табибони марказњои саломатии шањр, хоса маркази вилоятии саратоншиносї дастрас мебошанд. Муаллифони китобњои туњфашуда олимони соњаи тиб, шахсиятњои маъруфи кишвар Х.Кофиев, М.Додхоева, З.Рофиева аз М.Раљабова миннатдоранд, ки мањсули илмии эшон бо дастони ў барин инсони китобдўсту фарњангпарвар дар вилояти Суѓд пањн карда мешавад. Шодї Њасани ШАРИФНИЁ, шањри Хуљанд


12

ОМЎЗГОР

БАРДОШТ

№ 38, 20 сентябри соли 2013 макотиби вилоят меистад. Аз комёбињои мактаб њарф мезадед, сирри ин муваффаќиятњо дар чист? -Чї навъ ки гуфтем, дар ин миён мо тавонистем, ки сарпарастони зиёдеро ба мактаб љалб кунем. Бо дастгирии онњо майдончаи варзиши мактаб, боѓи мактаб ва дарвози мактаб ба тарзи меъмории шарќиёна бунёд гардида, зали варзишї бо тамоми лавози-

МИНБАРИ ПИРОНИ КОР

Сарваре, ки аз мушкилињо натарсида, бањри њалли ин ё он масъала љон мекоњонад, ба дањњо идора мурољиат мекунад, албатта, ба маќсад мерасад. Яке аз чунин афрод собиќ директори мактаби раќам 5-и ноњияи Айнї Муртазо Сафаров мебошад, ки аз соли 2001 то соли 2012 ин вазифаро ба ўњда дошт. Тўли ин солњо мактаби мазкур на танњо дар ноњия, балки дар вилоят ба ќатори мактабњои бењтарин дохил шуд. Бо устод М.Сафаров сўњбате: -Шумо рисолати сарвариро дар чї мебинед? - Кас бояд аз рўи виљдон вазифаашро иљро намояд. Сарваре, ки ба дили њар як зердасташ роњ наёфт, коллективро муттањид накард, дар нимароњ мемонд. Ва агар заррае чун сарвари мактаб эътиборе пайдо карда бошам, ин њам зањмати кулли омўзгорони мактаб, дастгирии сарпарастон ва њамкориву алоќаи зичи мактабу волидон аст. Бешубња, њалли тамоми мушкилот ва проблемањои гуногуни мактаб ба сарвар вобаста аст. Сарвар ин замон бояд корчаллон, ќавииродаву нотарс бошад. Лозим ояд, ба вазорату идорањои дахлдор дањњо маротиба «сар халонад». Зеро масоили мактабро ба љуз директори мактаб дигар

ѓолиби озмуни «Муаллими сол», С.Ниёзов ва А.Раљабов ѓолиби озмуни «љонишини директори сол»-и ноњия дар солњои гуногунанд. Омўзгор А.Раљабов дар озмуни вилоятии фанњои даќиќ соњиби љои дуюм гашт. Бо баробари ба низоми нави сарикасї гузаштани мактабњо мушкилоту монеањои нав ба миён омаданд, ки имрўз боиси муноќишањои маъмурияти мактаб, шуъбаи мао-

БУРД ЊАМ ЊАСТУ БОХТ ЊАМ

касе њал намекунад. Сохтмони бинои нави мактаби мо дар давраи Иттињоди Шўравї оѓоз ёфта буд. Вале баъди пошхўрии ИЉШС сохтмон ќатъ гардид. Бинои кўњнаи мактаб бошад, дар њолати садамавї ќарор дошт. Зарурати идомаи сохтмони мактаби нав ба миён омад. Борњо ба шуъбаи маориф, раиси шўрои дењот ва њукумати ноњия мурољиат кардам. Вале бе натиља. Баъд бо дастпарварон-шогирдони мактаб, ки дар соњањои гуногун ва вазифањои гуногуни давлативу љамъиятї фаъолият доштанд, вохўрда, маслињат пурсидам. Бо мададу роњнамоии онњо сохтмони боќимонда ва таъмири пурраи мактабро бо 180 њазор доллар сафорати Љопон ба уњда гирифт. Ва билохира, соли 2005 иморати мактаби нав, ки аз се ошёна иборат аст, ба истифода дода шуд. Инчунин бо даву тозњои зиёд тавонистем, ки бо маблаѓи 75 њазор доллоре, ки аз тарафи маркази ислоњоти соњаи маориф људо гардида буд, ошхона ва толори варзишии мактабро бунёд намоем. -Имрўз мактаби раќами 5-и ноњияи Айнї дар ќатори бењтарин

СЎЗИ ДИЛ

моти варзишї љињозонида шуд. Аз тарафи сарпарастон ба мактаб чандин компютер таќдим гардид. Њоло бошад, ќариб тамоми синфхонањо сарпарасте доранд. Мактаб соли 2007 ѓолиби озмуни вилоятии «Мактаби сол» дар бахши «Зеботарин мактаб» гардида, бо ифтирхорномаи раёсати маорифи вилоят ва 1 адад компютер мукофотонида шуд. Аз соли 2007 то соли 2012 зиёда аз 20 нафар хонанда дар озмунњои љумњуриявї иштирок намуданд. Соли 2010 шогирди мактаб Нўшервон Мирзоюсуф аз фанни математика дар озмуни љумњуриявї сазовори љои аввал ва медали тилло гардид, ки ин аввалин медали тилло дар ноњия буд. Инчунин, соли 2011 Аниса Расулова соњиби медали биринљї ва соли 2012 Саъдии Љониќул низ соњиби медали биринљї гардиданд. Мактаб аз соли 2007 то соли 2010 ѓолиби озмуни «Мактаби сол» дар ноњия буд. Зикр кардан бамаврид аст, ки омўзгорон низ дар озмунњо ширкат меварзанд. Аз љумла Р.Хокироев ва А.Раљабов

ОМЎЗГОРИ БОСАЛИЌА ВА МУРАББИИ ШОИСТА

НАМУНА

ПОРАИ ЌАЛБ Дугонањоям барои чидани гули сияњгўш ѓазалхонон ба сањро баромадаанд, вале ман аз эшон канор љустам. Канори танњої, то ки бо ту њамроз бошам, то ки бароят аз фироќ, аз муњаббат, аз будану набуданњо ќисса гўям. Гуфтам, ки њама аз ин сањрои гулпўш гули бањорї мечинанд, вале ман гули рўи туро мељўям. Гуле, ки 8-сол муќаддам боди самуми зиндагї аз чамани шукуфони мо ба чамани дигаре бурд… Чамане, ки бињишташ ном мебаранд… Мехоњам бигўям, ки љоят дар хонаи модар холист ва модар чењраи гарми туро аз чењраи ман мељўяд ва бо чашми суол ба сўи ман менигарад. Шояд, мехоњад аз лањзањои кўдакї, аз очаљон гуфтанњою барои зоча гиристанњоят ба ман ќисса кунад. Шояд, мехоњад бигўяд, ки кош тамоми дороиямро мефурўхтам ва бар ивазаш тамоми зочањои дунёро бароят мехаридам, то ки дар дилаш ормон намемонд… Апаљон! Мењрат њамеша дар дилам љўш мезанад ва сахт ёдат мекунам. Зиёд мехостам дар ин фасли зебо даст бо дасти њамдигар ба тамошо мебаромадем ва барои модар гул мечидем… Ёдам меояд хандањои ширинат, орзуњои ормоният, тоќии гулдузии модар, ки барои арусият омода карда буд, њанўз њам даруни сандуќаш интизори туст. Нозукбибии ТЕМУР, донишљўи факултети филологияи ДМТ

Инак, 24 cол дар мактаби миёнаи тањсилоти умумии № 7-и ноњияи Данѓара, ки айни замон гимназия аст, ба касби омўзгорї машѓул аст. Њар як дарсашро бо тайёрии пухта ва бо истифода аз аёниятњои таълимї мегузаронад. Мекўшад, ки мафњумњои мавзўъњои таълимиро њамаљониба ба фањми хонандањо расонад. Вай мунтазам ба дарсњои муаллимони коромўзу ботаљриба иштирок карда, салиќа ва сифату самаранокии корњои таълимии онњоро меомўзад. Мунтазам дар машваратњои августии омўзгорони химия ва биология, муаллимони ноњия бо мавзўъњои гуногун баромад карда, таљрибаашро пањн мекунад. Муаллим

ФЕСТИВАЛ

риф ва шуъбаи молия гардидаанд. Њар сол мо аз сабаби нарасидани маблаѓ ва пардохт кардани ќарз шумораи синфњоро кам мекунем, ки ин, бешубња, боиси кам шудани маош њам мегардад. Дар давоми се соли охир шумораи синфњо аз 28 ба 23 фаромад. Барои њуљрањои фаннї, лабораторияњо маблаѓ нест. Худ ќазоват кунед, ваќте ки муаллимон њамагї аз 8 то 10-14 соат дарс доранд, оё метавонад дар

шароити дењот оилаи худро таъмин кунанд? Ваќте лаборатория маблаѓ надошта бошад, лаборант музд нагирад, њуљрањои фаннї бепул бошанд, сифати таълим чї мешавад? Ва дар маљмўъ оё дарсњои физика, химия, биология ва математикаро бидуни корњои лабораторї тасаввур кардан мумкин аст? Маблаѓњое, ки људо мешаванд, танњо ба маоши омўзгорон мерасанд. Барои сўзишворї, таъмир сафари хидматї, њавасмандгардонї, молњои хољагї як дирам њам маблаѓ нест. Ба курсњои бозомўзї ва такмили ихтисос нафаре рафтан намехоњад, зеро харљи муаллимро мактаб ќудрати ба гардан гирифтан надорад. Имрўз дар ноњия аксарияти мактабњо ба ќарз ѓўтида, то 50 њазор сомонї вомдоранд. Агар вазъ њамин сон давом ёбад, аз эњтимол дур нест, ки бисёр омўзгорони варзидаву ботаљриба тарки ин пеша кунанд. Мушкилоти дигар кор накардани системаи гармдињии мактаби нав мебошад. Ин система баъд аз мавриди истифодабарї ќарор гирифтани мактаб, њатто, як мавсим њам кор накард. Тамоми ќубури оби гарм ях баста, аз кор баромаданд. Чанд сол боз мо моњњои сентябру октябр ва апрелу май, яъне, дар мависми гармо дар ин бино дарс медињему бас. Баъд ба бинои кўњнаи мактаб кўч мебандем, то паси сар намудани фасли сармо. Ба тамоми идорањои дахлдори ноњияву љамоат мурољиат кардем. Мегўянд, худатон илољашро ёбед. Таъмири системаи гармидињї маблаѓи зиёдеро талаб мекунад. Ин ќадар маблаѓро аз куљо пайдо метавон кард? Алњол ин муаммост. Имомназари ХОЛНАЗАР, рўзноманигор

мекўшад, ки дарсњояш дастрас ва ба фањми хонандањо наздик бошад. Вай, хусусан, ба њалли масъалањои химиявї диќќати даркорї медињад. Кабинети таълимии фанњои химия ва биологияи мактаби раќами №7-и ноњияи Данѓара тавассути ў бо асбобњои таълимї ва дастурњои илмї ва методї муљањњаз гардидааст. Шогирдони ў пайињам дар донишгоњу донишкадањои Љумњурии Тољикистон ва берун аз он дохил шуда, шаъну шарафи устодашонро меафзоянд. Њамчунин, шогирдонаш дар озмунњои ноњиявї, вилоятї мунтазам иштирок карда, ба муваффаќиятњои баланд ноил мегарданд. Танњо дар соли 2010 шогирдони ў Ф.Исматова дар олимпиадаи љумњуриявии фанни биология соњиби медали тилло, Д.Осиёбов аз фанни химия медали тилло, С.Таѓоев аз фанни биология медали нуќра, Х.Шарифов аз фанни химия медали биринљї, Ш.Муродова аз фанни биология соњиби медали биринљї шуданд. Инчунин, шогирдони мактабњои дигари ноњия, ки дар назди муаллим А.Ташрифов мехонанд, дониши худро афзуда, дар

мактабњои олии љумњурї тањсил мекунанд. Ин хонандањо тавассути зањматњои муаллимашон ба дараљањои баланд баланд расидаанд. Маќолањои А.Ташрифов тањти унвони «Истифодаи муодилањои дуномаълумноки математикї њангоми њалли масъалањои химия» , «Њали масъалањо доир ба консентратсияи фоизии мањлулњо бо усули зарфњо», «Усули таълими мавзўи ангиштобњо дар синфи 10» ва ѓайрањо аз мањорати баланди донишмандии ў гувоњї медињанд. Амиралї мактаби таљрибаи хешро дошта, хонандагони завќмандро ба таври ройгон дарс медињад ва онњоро барои донишљўи мактаби олї шудан тайёр мекунад. Аълочии маорифи Тољикистон А.Ташрифов оилаи тинљу тифоќро сарварї намуда, бо фарзандони саводноку боинтизомаш ифтихор мекунад ва бовар дорад, ки онњо номбардори авлод гарданд. А.ПИРНАЗАРОВ, З.FОИБОВА, мушовирони МЉМТИ –и назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

«ТАБАССУМ-2013»

Бо ибтикори ташкилоти љамъиятии «Де Помир» дар њамкорї бо раёсати маориф, шуъбаи фарњанги ВМКБ ва бахши бадахшонии Иттифоќи нависандагон дар театри вилоятии ба номи М. Назаров даври нињоии фестивал- озмуни истеъдодњои наврас - «Табассум-2013» баргузор гардид. Дар фестивал- озмун рассомон, тарроњон, мутрибону адибони наврас ширкат варзиданд. Фестивал бо намоиши мусавварањои рассомони наврас, дастпарварони узви Иттифоќи рассомони Руссия Галина Григорев - Степан, ки тўли 6 сол дар водињои гашта, шогирдони соњибистеъдодро гирд овардааст, оѓоз гардид. Сипас, эљоди тарроњону рассомони наврас ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифон оид ба ањамият ва корбурди офаридањояшон маълумоти мухтасар доданд. Шоирони

навќалам шеърњои тозаэљоди худро ќироат намуданд. Дар фестивал- озмун мутахассисони варзида мањсули эљоди наврасонро бањогузорї карданд. -Њадафи баргузории фестивал дарёфти истеъдодњои нав, арљгузорї ба фарњангу санъати волои миллї, идомаи анъанањои неки аљдодї аст, - гуфт дар суњбат роњбари ташкилоти љамъиятии «Де Помир» Ёралї Бердов. Дар охир мудири шуъбаи фарњанги вилоят М.Пайшанбиев ва роњбари ташкилоти љамъиятии «Де Помир» Ёралї Бердов ба иштирокдорони наврас ифтихорнома ва туњфањои хотиравї таќдим намуданд. Љ. ЌОЗИБЕКОВ, «Омўзгор»


ОМЎЗГОР

ЁДВОРА СЎЗИ ДИЛ

Оре, падарам бо ман аст ва њамеша бо ман ва дар ман хоњад монд… Мо ёздањ нафар будем, ёздањ нафар фарзанди хушрўзу некбахти падару модар: шаш писару панљ духтар. Њамаи моро яксон дўст медошту навозишу парастиш мекард, падари мењрубонам. Моро банавбат сари зонуяш менишонду сарамонро сила мекард, суханони дилорову дилнавоз мегуфт, ибрози орзуњо менамуд. Моро бо мењру муњаббати саршор гоњ «фарзандаконам» мегуфту гоњ «ширинаконам», гоњ «чўљачањоям» меномиду гоњи дигар пару болњоям. Бо он ки басо серкор буду пурмутолиа, барои њамарўза бо мо машѓул шудану суњбат кардан ваќт меёфт. Таманнои њамешагиаш он буд, ки мо, азизаконаш, хубу аъло хонем, боодобу хушгуфтору хушрафтор бошем. Тору пудаш бо мо пайваста буд ва њар муносибату рафтораш бо мо мазмуни шоњбайти машњури њазрати Љомї – «Њељ неъмат бењтар аз фарзанд нест. Љуз ба љон фарзандро пайванд нест»ро собит мекард. Бо камоли љиддият тањсили моро дар мактаб назорат мекард. Аз њар комёбиамон дар тањсил гўё курта-курта гўшт мегирифт, аз андак нокомиамон ношод мегашт, таассуф мехўрд. Дар дарстайёркунї, дар фањми мавзуъњо, дар иљрои супоришњои устодон дасти мадад ба мо дароз мекард, ба бисёр саволњоямон вобаста ба дарсњо љавобњои комилу фањмрас мегуфт. Њама гуна ашёи хонишро бароямон сариваќт дастрас мекард. Мо њис мекардем, ки њар як кирдору гуфторамон дар зери назорати падар аст ва ин њисси масъулиятамонро,

№ 38, 20 сентябри соли 2013

РЎЗГОРИ ЊИКМАТРЕЗ

њушёрию бедориамонро меафзуд. Ин амал дар хонадони мо њукми анъанаро гирифта буд: њар бегоњ мо – фарзандони мактабхони падар, рўзнома дар даст банавбат ба назди ў медаромадем. Падари бузургворамон бо камоли таваљљуњ рўзномаамонро вараќ мезад, аз дарсњои гузашта, мавзуъњо ва аз бањоњоямон огањї пайдо мекард ва вобаста ба бурду бохтамон тањсину коњиш менамуд. Аз чору панљамон

зарур медонистанд) фаъолияти омўзгорї дошт. Аз фанњои забону адабиёти тољик дарс мегуфт, дар синфњои ибтидої дарс гуфтанро меписандид, кўдаконро баѓоят дўст медошт. Солњои зиёде дар мактаби раќами 149-и дењаи Ќиблаї ва дар мактаби дењаи Ќамчин дарс мегуфт. Ин дењањо аз хонаамон (то соли 1971 њавлии мо дар мавзеи Кохи Борбади имрўза воќеъ буд, баъд бо амри њукумат ба кўчаи Сањбои мањаллаи Кўњдомани пойтахт

фарањманд мешуд, дую сеямон (хушбахтона, ин кам воќеъ мегашт) гўиё чун хор ба чашмаш мехалиданд. Бисёр воќеъ мешуд, ки барои санљидани воќеияти бањоњои мусбатамон ба мо саволњо медод ва чун љавоби барояш ќаноатбахш мешунид, нидо дармедод: Офарин, ќанд занед! Панљи (чори) њалол! Дар ин мавридњо мо худро хушбахттарин фарди олам дармеёфтем, аз фахр сарамон осмонфарсої мекард. Ва агар падар ба саволњояш посухи ќаноатбахш намегирифт, бо таассуф (ки барои мо неруи коњишро дошт) сар мељунбонд: - Панљатон (чоратон) «лиќќонак» будааст, писарљон (духтарљон). Минбаъд љиддитар хонед… Ба ин мазмун, мо дар тањсил ду мактаб доштем: яке мактаби расмї, дигаре мактаби падар. Ва аз ростї, њароси бештаре, њароси масъулиятзову самарбахше аз мактаби падар доштем. Имрўз њамагон меандешем, ки агар мактаби падар намебуд, яќин, дар зиндагї чандон муваффаќ намегаштем. Падарам пешаи омўзгорї дошт ва ифтихорманд аз ин буд. Дар якчанд мактаби ноњияи Рўдакї (дар њар таълимгоње, ки будани ўро

кўчидем) 7-8 километр дурї доштанд. Падарам гоњ Чї мањбубї, чї љононї, падарљон! мототсиклсавор, гоњ мо- Гулї, ишќї, дилї, љонї, падарљон! шинсавор ва гоње пиёда ба Барои ман зи њар чизе, ки гўянд мактаб рафта меомад. Хеле Чї хуб аст ин, бењ аз онї, падарљон! Лоњутї барваќт озими кор шуда, шомгоњон бармегашт. Мо бозгашти ўро беќаророна гузошта, онро мепўшонду бо интизорї мекашидем. Овози њаракати ангушти ишоратї мошин ва њам мототсиклашро маро ба наздаш мехонд. Ман хуб медонистем ва њамин ки муштоќи њамин даъват ба наон ба гўшамон расид, њамагон здаш мешитобидам. Ў маро дар чун дар пойгање аз њавлї ба пањлуяш шинонда, аз китоби берун метохтем. Падарам њар хондааш њикояте наќл мекард ё кадоми моро як-як сари даст порае чанд шеър мехонд. Бешгирифта, гарм-гарм, бо мењр тар њаводори эљодиёти Сино, мебўсид ва гўё аз сафари дуре ашъори Њофизу Амир Хусрав омада бошад, мегуфт: буд падарам. Китоби зиёд дошт, - Ман шуморо пазмон шу- њар китоби навро зуд дастрас дам, азизаконам, хеле пазмон мекард, мехонд ва моро њам ба шудам! мутолиа њидоят менамуд. Мо њар яке талош меварзиСухандону суханвар буд дем, ки сумкаи падарро ба даст падарам. Бисёр нарм, шево, орем, мададаш расонем. Чанд гўшнавозу муассир сухан мемаротиба барои ин бо њамдигар гуфт ў. Њикояту байтњои зиёде хархаша њам карда будем. Аз зевари суханонаш мегаштанд. ин рў, падари тадбиркорам ба- Баъзан мафтуни њусни сухарои аз кўча то ба њавлї бурдани наш шуда, кас аз мазмуни он сумкааш байни мо навбатдорї ноогањ мемонд. Аз мо – фармуайян карда буд. зандонаш низ талаб мекард, ки Падарам њар субњ ба мактаб таваљљуњ ба сухану суханварї бо сумкаи пур аз китобу дафтар дошта бошем, сухан донистава бо кисаи пур аз ќанд мерафт. ву санљида гўем ва ба ќадри Ќанд барои шогирдаконаш. Ў имкон аз истифодаи вожањои бенињоят дўст медошт шогир- шевагию лањљавї худдорї кудонашро, ба вижа, онњоеро, нем, њатто, ваќти суњбатњои ки кўшову боѓайрат ва аъло- муќаррарї сари дастархон су-

ПАЁМ Њафтаномаи «Омўзгор» бо камоли ќаноатмандї борњо иттилоъ додааст, ки дар кишвари мањбубамон гурўње аз муаллимон дар радифи таълиму тарбиря ба эљодкорї машѓуланд ва дар такомули адабиёти бадеии тољик њиссагузорї менамоянд. Равшани Њамроњ аз њамин ќабил фурўзонгурўњ аст ва дар баробари омўзгори фаъолу ташаббускор будан дар шоирї низ ба комёбињои чашмгир муваффаќ гардидаст. Ў устоди коллељи омўзгорист, коллељи омўзгории шањри Панљакент, ки номи устод Лоиќро дорад. Худ низ замоне шогирди фаъоли њамин

хон буданд. Дар бораи шогирдакони азизаш ба мо њикояњо мекард, бо шавќ, бо шодию фарањ сухан мегуфт. Хуб эњсос мекардем, ки ў шогирдонашро на камтар аз мо дўст медорад. Таърифи фаъолияти омўзгории падарамонро аз одамон, аз њамкоронашон шунида, њисси ифтихорамон аз ў дучанд мешуд. Мегуфтанд, ки дар мактаб њамаи волидон хоњиши онро доранд, ки ба фарзандашон мањз устод Рањматулло Машрабов дарс гўяд. Мегуфтанд, ки устод Машрабов барин омўзгор доштан барои њар як мактаб ифтихор аст, гарави комёбиву обрўмандист. Мегуфтанд, ки устод Машрабов омўзгори њаќиќианд, маърифатманду соњибхираданд. Мутолиаи китобро дўст медошт падарам. Ба гумонам, дар як шабонарўз илова ба њама корњои дигар камаш 3-4 соат китоб мехонд. Бо диќќати том китоб мехонд ва зери баъзе сатрњои китоб бо ќалам хат мекашид, баъзе сатрњоро дар дафтари ёддоштњояш мекўчонд. Ба ман маќбул буд аз паси тиреза ба падари машѓули мутолиаам дурудароз хомўш нигаристан. Чун ў нињоят аз нигоњи ман пай мебурд, табассум мекард ва ба сафњаи китоб вараќчае

«ДАРАХТИ ОЊ» таълимгоњ буд. Равшани Њамроњ узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва муаллифи беш аз дањ китоби бадеист. Ба наздикї тавассути нашриёти «Истиќбол» дар шањри Душанбе китоби нави ашъори ин шоири соњибистеъдод бо номи «Дарахти оњ» нашр ва дастраси њаводорони каломи бадеъ гашт. Китоб њаљман бузург буда (20 љузъи чопї) беш аз 170 ѓазалро дар бар мегирад ва аз лињози бандубасту ороиш низ љолибу баландсифат аст. Ѓазал аз жанрњои дерин ва дилнишину ширину маъруфу

маќбули адабиёти тољик аст. Сањл коре нест дар адабиёти тољик ѓазале тозаву пазиро гуфтан. Хушбахтона, Равшани Њамроњ дар ин боб муваффаќ гардидааст ва ба ин ќариб њар як ѓазали китоби «Дарахти оњ» метавонад далеле шоиставу ќавї бошад. Ташбењу истиораву тавсифњои тозаву ќавибунёд ва бамантиќ, забони шевою сањењ ва тарзи баёни лутфу малоњатомез (гоње њамбаста бо танз) ашъори шоирро хеле писандидаву дилнишин ва хотирмон кардаанд. Аз ин лињоз ба гунаи мисол ба чанд байти зер таваљљуњ намоем: Машав њайрон, ки бар зулфи ту ман њастам чаро машѓул,

13

ханони ѓалати моро ислоњ мекард, шакл ё ќаринаи дурусти ин ё он ибораву ифода ва вожаро нишон медод. Бо супориши ў мо дар бораи сухан ва забони модарї якчанд шеър аз ёд карда будем. Яќин, аз таъсири ин гуна вазъ ман њаводори каломи бадеъ шудам ва Донишгоњи омўзгории пойтахтро дар риштаи забону адабиёти тољик хатм намудам. Баъд аз ин, хаёлам, таваљљуњ, балки эњтироми падарам ба ман бештар шуд. Бо ман сари тафсири шеъре, ибораи образноке, асари тозатаълифе бањс меорост ва аксаран пирўз мегашт. (Дар омади гап бояд бигўям, ки мо њамаи 11 фарзанди падар имрўз соњиби маълумоти олием). Пас аз ба нафаќа баромадан њам падарам чандин сол шуѓли омўзгорї дошт. Танњо дар соли 2005, ваќте ки синнаш ба 75 расид, тарки мактаб гуфт ва ба боѓдорї машѓул шуд. Аз њисоби заминњои лалмии ноњияи Рўдакї дар њудуди љамоати дењоти Ќиблаї 8 га замин гирифта, хољагии дењќонї созмон дод. Заминро аз њисоби обњои зеризаминї шодоб кард ва боѓи ангуру гелос бунёд сохт. Ба њар дарахт чун ба фарзанд ва чун ба шогирд муносибат мекард. Насиб будааст, аз њосили боѓзораш худ низ ком ширин кард. Имрўз боѓзори падарамро хоњарбузургам Њабиба (полковники мустафъї њоло нафаќахўр) парвариш мекунад, сарвари хољагии дењќониест, ки падарам таъсис додааст… Дар бораи падарам, падари бузургворам, падари омўзгорам сухани гуфтании зиёд дорам. Дил мехоњад, ки бигўяму бигўям. Охир, ман падарамро ончунин дўст медорам, ки дар тавсифаш ољизам. Ёди ў, худи ў њамеша бо ман аст. Ман ўро њар рўз мебинам, њастияшро эњсос мекунам, ман ўро мепарастам, дўст медорам. Ман бо туам, ту низ бо ман бимон, падар! Нодира МАШРАБОВА

Ки њар љое ба оњан мешавад оњанрабо машѓул. ХХХ Њар хор, ки гардад сари роњу сафари халќ, Ѓам нест, ки буррида шавад аз табари халќ! ХХХ Њар нафас, ки мекашї дар зиндагї, вом асту бас, Деги ин матбах барои пухтани хом асту бас. Китоби ѓазалиёти «Дарахти оњ» далели рушди бештари мањорату истеъдоди Равшани Њамроњ буда, паёме гуворою умедбахш аз он медињад, ки ў минбаъд барои адабиёти тољик метавонад хидмате бештару сазовортар бикунад. М.АБДУРАУФ, «Омўзгор»


14

ОМЎЗГОР

РАВЗАНА

№ 38, 20 сентябри соли 2013

НАЗМ

Карим Нофиев омўзгор аст, аз фанњои љуѓрофия ва зистшиносию кимиё ба шогирдони мактаби №23-и дењаи Ѓезани Болои шањри Панљакент дарс мегўяд. Дар кори таълиму тарбия навоварию ташаббускорї ба ў хос аст. Ў дилдодаи адабиёти бадеист ва аз адабиёти классикию муосир огањии комил дорад ва аз ин рў, дар бањсњои тафсири шеър, мавќею мартабаи сухан, тобиши маънавии вожањо фаъол аст. Фориѓ аз корњои мактаб ва гирудори рўзгор машќи шеър њам мекунад. Навиштањояш гарчи то љое мазмуни маъмул доранд ва на њамеша ороста бо саноеи бадеиянд, самимона, бо мењру муњаббати саршор гуфта шудаанд. Дар назм ў ба равонии сухан ва соддагўиву сањењии гуфтор, корбасти вожањои њамафањм афзалият мебахшад. Чанд нигоштаи зерини Карим Нофиев далели гуфтањои болоянд. М.АБДУРАУФ, «Омўзгор»

АЊСАН БА МОДАР

Ман дар љањон кушодам чашм аз љањони модар, Бас оламе биѓунљад дар ошёни мо дар. Сабзид нахли умрам аз оби поки мењраш, Гаштам саводомўз ман аз забони модар. Ашъор шуд муназзам пирони

ОШНОЇ

хушсуханро, Аз лањни ќиссагўю афсонахони модар. Офоќ шуд мусаххар, сар бар фалак расида, Фарзандро њамеша аз остони модар. Анвои нозу немъат ман борњо чашидам, Лаззат набошад онро чун таъми нони модар. Огањ нагардад асло як фарди бемурувват Аз мењри бемисолу дарди нињони модар. Бахшид умри худро бањри камоли тифлон, Ањсан ба њиммати ў, ањсан ба љони модар.

ТОЉИКИСТОН

Зебост Тољикистон, Барност Тољикистон. Аз бањри миллати мо Яктост Тољикистон. Зебандаи љањон аст, Чун боѓи бехазон аст. Дар пайкари ману ту, Умре мисоли љон аст. Бошад мадори пирон, Илњоми нављавонон. Аз ганљи рўи дунё Болост Тољикистон. Озод кишвари мост, Сарсабзии сари мост. Доим азиз бар мо, Монанди модари мост.

ГУЛБОНГИ ИСТИЌЛОЛ

Имрўз Ватан дорад Њангомаи озодї. Ѓарќ аст дару бомаш Дар тантанаи шодї.

Мо хурраму хушиќбол Аз давлати Истиќлол. Бигзашт шаби тораш, Хуршед мунаввар шуд. Шуњрату шону бахташ Бо моњ баробар шуд. Мо хурраму хушиќбол Аз давлати Истиќлол. Обод биёбонаш, Аз зањмати созанда. Ин тољики хуштолеъ Набвад ба касе банда. Мо хурраму хушиќбол Аз давлати Истиќлол. Шоми Ватанам рўшан, Бо Нораку бо Роѓун. Фардо расад ин миллат, То боргањи гардун. Мо хурраму хушиќбол Аз давлати Истиќлол

ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Роѓун бањори миллат, Роѓун мадори миллат. Роѓун шиори миллат, Њам ифтихори миллат. Роѓун, ки нур бахшад, Бар дил сурур бахшад. Аз бањри кишвари мо, Неруву зўр бахшад. Бар зулмат ў завол аст, Бар кишвар ў љамол аст. Неруи мардуми мо, Мардони хушсигол аст. Аз ў ба мо расад фар, Гардад љањон мунаввар. Роѓун дари мурод аст, Имрўз бањри кишвар.

НИЗОМНОМАИ

Озмуни љумњуриявии «Тирамоњи заррин» 1.Муќаррароти умумї

тањсилоти иловагии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Нисормуњаммад 13 а, гузаргоњи 1 гузаронида мешавад. Даври ноњиявї (шањрї) - то 4 октябри соли 2013 Даври вилоятї – то 11октябри соли 2013

2.Маќсад ва вазифањо

Ба шартњои Озмуни xумњуриявии «Тирамоњи заррин» дохил мешаванд: 1. Ташкили намоишгоњ аз маводи табиї, намунањо аз мањсулотњои кишоварзї, гербарийњо, истифодаи партовњо, 2 адад стенду лавњањо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, албомњо, суратњои ранга, истифодаи маводњои видео оид ба кабудизоркунї ва муњофизати муњити зист. 2. Саволу xавоб (викторина) аз фанњои табиатшиносї (биология, экология, химия, физика, xуѓрофия, ботаника). 3. Њимояи рисолаву рефератњо дар њаxми 3-4 вараќи чопї дар мавзўи муњити зист ва экология.

Озмуни љумњуриявии «Тирамоњи заррин» дар асоси «Барномаи давлатии экологии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019» ва наќшаи чорабинињои Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагї бахшида ба љашни иди «Мењргон» гузаронида мешавад. Њадаф ва баргузории Озмуни xумњуриявии «Тирамоњи заррин»: - фаъол гардонидани кори мањфилњо ва дигар иттињодияњои кўдаконаи экологї дар самти омўзиши табиати диёри азиз, бунёдкорї ва ѓанї сохтани љањони маънавии хеш; -нигоњубин ва њифзи муњити зист; -инкишофи шахсияти эљодкор; -муайян ва дастгирї кардани хонандагоне, ки майл ба фаъолияти тадќиќотї ва амалї оид ба муњити зистро доранд; -ташаккули тарбия ва маърифати экологї

Иштирокчиёни озмун

Иштирокчиёни даври xумњуриявии озмун хонандагони синфњои 7-11 аъзои мањфилњо, клубњо, дастањои сайёњию кишваршиносї, табиатдўстони љавон ва дигар иттињодияњои экологї, ки дар мактабу муассисањои тањсилоти иловагї сабаќ омўхта, ѓолибони даври ноњиявї, вилоятии озмуни «Тирамоњи заррин» дониста шудаанд, ба шумор мераванд. Њайати намояндагон дар озмун барои вилояти мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе 6 нафар (як роњбар ва 5 хонанда) ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї на зиёда аз 4 нафар (як роњбар ва 3 хонанда) бояд иборат бошад.

Ваќт ва љои гузаронидан

Озмуни љумњуриявии «Тирамоњи заррин» рўзњои 18 ва 19 октябри соли 2013 дар заминаи Маркази љумњуриявии муассисањои

Шартњои озмун

Љамъбасти озмун ва мукофотдињї

Аз рўи натиљаи шартњои озмун дастањое, ки се xои аввалро соњиб мешаванд ѓолиб дониста шуда, бо дипломњо, ифтихорномањо ва тўњфањои хотиравии Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Маблаѓгузорї

тољик Барзу Абдураззоќов ба сањна гузошта шуда буд. Дар маќолаи олими шинохта И.А.Загребелний – «Нагузорем кўњистон биёбон шавад», ки дар ќисмати «Очерк ва публитсистика»-и нашрия љой дода шудааст, аз проблемаи биёбоншавї ва аз њосил мондани заминњои зиёд дар кишварамон, ки ба ваљњи буриши саросарии дарахтону нест шудани љангалњо ба зуњур омадааст, сухан меравад.

ПАЙК

Ба масрафњои бевоситаи гузаронидани даври хотимавии Озмуни љумњуриявии «Тирамоњи заррин», аз љумла хўроки иштирокчиён, хизматрасонии фарњангї, инчунин дастрас намудани мукофотњо Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон масъул аст. Масрафњои вобаста ба омаду рафти иштирокчиён, роњбарони гурўњ, таъмини хўроки роњ аз тарафи идорањои дахлдори маориф пардохт карда мешавад.

«САДОИ ШАРЌ», №8

Дар бахши наср њикояи Юнус Юсуфї бо номи «Рањчароѓ» љой дода шудааст. Дар њикояи мазкур нависанда олами вижаи омолу орзуњо ва андешањои ќањрамони худ – Порсои Покномро ба риштаи тасвир кашида, њушдор медињад, ки инсонњо набояд аз пайи нафсу љоњу љалол сарсону овора гардида, аз эњсосоти волое чун рањму шафќат, дилсўзї ва мењру муњаббат канор бираванд. Сањифаи «Андарзи бузургон» андешањои њикматомези Теодор Рузвелт ва Сент – Экзюпери Антуанро фаро гирифтааст. Драматург ва адиби хушсалиќа Нур Табаров дар боби тарљума пиесаи драмнависи Полша Славомир Мрожек – «Муњољирон»-ро ба тољикї баргардон намудааст. Хотирнишон бояд кард, ки пиесаи номбурда чанде ќабл аз љониби режиссёри

Х о н а н д а г о н у њаводорони насри воло дар ин шумора ба идомаи асари Зайнулобиддин Рањнамо – «Паёмбар» шинос мегарданд. Муњаќќиќи љавон Гулмоњ Шозиёї дар маќолаи «Симои зан дар эљодиёти бонувони насрнавис» ба мавзўъњои гуногуни навиштањои адибањои тољик дахл карда, њусну ќубњи осори бадеии эшонро баррасї намудааст. Њамчунин, дар сањифањои ин шумора навиштаи Рањими Мусулмониёни Ќубодиёнї – «Аз Тењрон то Бадахшон», њикояи њаљвии Карим Давлат – «Хамсояњо» ва латоифи «Гўшбурї» дар тањияи Зарёб Аминї ба нашр расидааст, ки бас хонданї, љолиб ва шавќангез мебошад. Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

ОРОМ БОШ! ОСУДАГЇ, ХОТИРАВУ ТАФАККУРИ ХУБ

- Таъсири оромибахш дошта, ба хобби хуш мусоидат менамояд ва руњияро ором месозад. - Равандњои омўзиш, бахотиргирию фикррониро бењтар намуда, ба ин тариќ фаъолияти зењнї ва кори системаи марказии асабро баланд мебардорад, ба инкишофи стресс монеа мешавад. Хоболудии рўзонаро ба вуљуд намеорад. Дар бештар аз 40 муассисањои бонуфузи табобатї ва илмии Русия аз санљиш гузаштааст. Фитомаљмўи «Ором бош!» безарар буда, дар таркибаш спирт ва ќанд надорад, бинобар ин, ба гирифторони беморони диабет, атеросклероз, њомиладорон, фарбењї истеъмоли он зарур ва мумкин аст. Истеъмол: ба марду зан аз 12- сола боло се маротиба дар як рўз. Тел.: Душанбе 95 178 85 08. вил. Суѓд ва ноњияњои он; 927 49 33 47. Мањсулоти Морфей, истењсоли Давлати Русия буда, бо фармоиши ширкати Фарм. Љумњурии Тољикистон, ба забони форсї бо номи - «Ором бош!» низ тарљума шудааст. Аз дорухонањо дастрас намоед! Нархаш 22 сомонї.

«ФЛАВИГРАН-ОЧАНКА» РЎШАНИИ ЧАШМОНИ ШУМО! «Флавигран-очанка» мањсулоти дар њар синну сол фоидаовар буда, таъсири баръалои зиддиоксидантї дорад, норасоии оксигенро бартараф ва рагњоро устувор мекунад. ТАВСИЯЊО ОИД БА ИСТИФОДА: -осебёбї ва илтињоби ѓузаи чашм; - илтињоби пилки чашм; -захми ќарнияи чашм; - катаракта; глаукома; - гузаштани хун ба шабакияи чашм; - људошавии шабакияи чашм; -Миопия (наздикбинї ва дурбинї) новобаста ба дараљааш; - њангоми кори бошиддати тулонии чашмон ва кор бо оргтехника (хонандањо, истифодабарандагони компютерњо). - барои мустањкам кардани рагњо ва бењ сохтани биноии чашмони беморони ќанд. Тарзи истифода: рўзе 3 маротиба давоми 1моњ истеъмол намоед. 2-3 карат дар 1 сол такрор намоед то бо пуррагї шифо ёфтани чашмонатон. Мањсулотро аз дорухонаи «Гарант»-и рў ба рўи бозори Саховат дастрас намоед, ё бо телефони 918 47 93 93 мурољиат намоед. Истењсолкунанда; Россия.


ЭЉОД ЊИКОЯ

Се бригадаи бузург дар фирма амал мекарданд. Ва аммо бояд гуфт, ки ба љуз фирмаи «Фивен» фирмањои соњавии зиёде дар ин ќитъаи азими сохтмонї ба кор пардохта буданд. Ману як гурўњ љавонони рустоии кишвар, хосатан шогирдонам дар бригадаи Михаил Дяков, ки њама кўтоњакак «Мишаи Дяк» номаш мебурданд, кор мекардему зањмат мекашидем. Ва коргарони тољику ўзбак, ки њамагї љавонмардони аз 19 то 45-сола буданд, андар хонањои сайёр (вагонњо) зиндагї ба сар мебурданд. Як гурўњ љавонони њузарб, вале майзадаи рус, ки дар бригадаи мо мењнат мекарданд ва њамшањрии бригадир Михаил Дяков буданд, њамчунин, дар хона – вагони дарозу калон мезистанд. Мишаи худситои бригадир бо ман дўстї пайдо кардаву худро басо таърифу тавсиф ва ситоиш мекард. Мегуфт, ки вай ва ана ин љавонони рус аз шањри Псков мебошанд. - Ман барваќт ба Петербург кўчида омада, соњиби хонаву дар гардидаам. Инњо бошанд, тоза ба ин шањр омада, мехоњанд пул кор кунанду хона бихаранд ва зиндагии хуберо ба роњ монанд, - шарњ медод Миша ва идома медод ба наќлаш, -бачањои хуб, мењнатї, дањ ангушташон њунар. Њамсояњои ќадимию дерини ман. Ана њамин хел, муаллими дўстам! Ва зуд-зуду боаљала љоми шаробро ба сар мекашид ва холї мекарду пур мекард, холї мекарду пур мекард ва яке маст гашта, чењрааш чун лолабарг арѓувонї мегардид ва чашмонаш роѓ мерафтанд ва њиќќос мезад ва оби дањонаш аз зењи лабонашон ба мењвари синааш мешорид. Ва дарсоат се нафар љавони њамшањриаш тасодуфан аз дари вагон ворид мегардиданд ва шишаро пеш кашида, низ чун «сардори худ» меоѓозиданд ба нўшидан. Аз чї бошад, рафтору кирдори онон шубњабарангез метобид. Чашмонашон бозї мекарданд дар хонаашон ва шўхињову хандањои нофорам доштанд. Алќисса, сохтмони бинои маркази савдо ва тиљоратии панљќабата дар арафаи анљомёбї ќарор мегирифт. Ва њар ќадар ба фарљоми корњои сохтмонї наздиктар мешудем, воќеоту њодисоти нохуш, аз ќабили дуздиву ѓорати асбобу ашёњои бинокорї зиёд мегардид дар ќитъаи сохтмонї. Миша бошад, аъзои бригадаи худро гоњњо љамъ намуда, андарз медод: - Аз дуздї хабар доред-а? – гўё дар омади гап мепурсид вай. Айб аст, айб. Кабелњоро дуздидаанд, боз болгаркаву аррањои барќиро. Кї мекунад ин корро? Ман бовар дорам, ки русњо њељ ваќт ба ин бешарафї роњ намедињанд. Ин кори дасти ўзбакњо ё њамшањрињои шумост (ба мо ишора карда) тахмин мезад вай. Тафтиш рафта истодааст, агар дуздон ба даст афтанд, ягон хел рањму шафќатро интизор нашаванд. Љояшон пушти панљара! Фањмида гиред! Бачањои псковї таълими маро гирифтаанд. Ман бошам, собиќ афсари шўравї њастам, иштирокчии љанги Афѓонистон. Ќањрамонам, ќањрамоне, ки хуни «муљоњидин» ё боз чї мегўянд унњоро – «ашрор»-ро дам кашидаам. Ба бетартибї ва бенизомї роњ надодаму намедињам.

Рўзњои охирини моњ маош гирифт њама. Як чизро бояд шарњ дод, ки тем в вагони мо дар шафати вагони сарварон ни ќитъаи сохтмонї љойгир шуда буд. Г Гурўњи дигарамон дар як канори дурттари ќитъаи сохтмонї ќарор доштанд. Ч Чун сохтмон ќариб ба анљом мерасид, б бисёре аз коргарони фирмањоро ба ќ ќитъаи нав бурданд, ки майдони љойи ззисти мо холиву њузнангез мерасид ба ч чашм. Инак, он бегоње, ки маош гирифта б будем, то нисфи шаб дар вагончаи мо н нишаставу суњбатњои ширин кардем в таќрибан соати 2.30-2.40 даќиќа ва б бачањо ба вагонњои худ пароканда шуд данд. Ман, бародар ва писарам дарро б баставу тарњи хоб кашидем, ба ќавле. Чароѓро хомўш карда ба бистарњо даромадем, ки ногањон садои ќадаммонї аёну баръало аз берун, аз наздики дари вагонамон ба гўш расид. Тадриљан садоњо баландтару баландтар гардиданд. Њатто, касе дари моро сахт кашид. Баъд… Баъд садои тараќќасу шараќќоси баланду вањмангезе баланд

ОМЎЗГОР

№ 38, 20 сентябри соли 2013 дар вагони дигаре љой гирифта буданд, занг зада, онњоро ба ёрї даъват кунем. Бадбахтона, телефонњои нафаре аз мо маблаѓи зарурї надошт. Ба њамдењагонамон Ашўру Мањмад, Сипењру Бањодур пайѓоми телефонї фиристодем. Касе вопас љавоб намедод ба мо. Маълум буд, ки онњо сахт ба хоб рафтаанд. Зоњир сабру тоќатро аз даст дода, мисрончаеро ёфта, ба кандани дари вагонамон оѓоз кард. Ваќт мегузашт, сонияњо, даќиќањо… Дар берун зарбањои њавоякиву номуназзами дуздон шиддат мегирифт. Садоњо баланду баланд мешуданд. «Аљабо, - њайрон мешудем мо. Магар муњофизони ќитъаи сохтмонї аз ин шўру њангома ва ѓалмаѓол хабардор намешуда бошанд? Як бор давр зада, бо ду чашми сар намебинанд, ки чї воќеа рўй дода истодааст? Эњ…» Мо паёпай пайѓом мефиристодем. Касе ба мо љавоб намегардонд, занг намезад. Оќибат Зоњир часпакњои дарро канда, як сў њаво дод.

ШИКАСТ

шуд. Маълум буд, ки дуздону авбошон ба вагони хўљаинњои ќитъаи сохтмонї њуљум карда истодаанд. Зарбањо сахту дурушт ва берањмона ба гўш мерасиданд. Як ваќт садои шараќќосзанон шикастану аз њам рехтани шишањои тиреза шунида шуд. Мо оњиста-оњиста ба дари вагони худамон наздик шудем. Ѓоратгарон ба кандани боми тунукагини вагони хўљаинњо шуруъ карданд, ки садои зарбањои навбатияшон аз ин хабар медод. Аён буд, ки онњо бо оњану мисрон ва чаккушу болѓаву табар хуб «мусаллањанд». Бародарам Зоњир, љавонмарди ќоматбаланди пањлавонсурат, ки дасту бозуи рустамона дошт, хост дарро кушода ба берун барояд, аммо… Аммо дари вагон во намешуд. Пушти онро чунон бо ашёву асбоби вазнине танба карда буданд, ки њељ имкони боз намудани дар мављуд набуд. Зоњир дафъатан давида лагаде чанд ба дар зад, вале он кушода намешуд, ки намешуд. Дуздон овози дари вагони моро фањмиданд, ки лањзае оромї дар берун њукмфармо гардид. Танњо лањзае. Пас-он боз њам тараќ-тараќ кандани тунукаву панљарањои вагон баланд гардид. Даќиќан, ки дуздон танњо як њадаф доштанд: имрўз, ки ба коргарон маош дода буданд, онњо хаёли хоме дар сар парваридаанд, ки бояд ќисмати боќимондаи маблаѓњо дар ќуттии оњании прораб нигоњ дошта шудааст. Вагарна, дигар дар он вагон ба ѓайр аз њуљљату аснод ва чанд мизу курсї ашёи зиёдатие вуљуд надошт. Дари вагон бо њама талошњои мо боз нашуд. Мо хостем ба бачањои њамкорамон, ки дар як гўшаи майдони сохтмон,

Дар њамин ваќт телефони ман занг зад. - Чї гап, маълим? – мепурсид бо овози хоболуди хирросї Ашўри Ганљї. - Гап њамин, - гуфтам дар љавоб ва тамоми њодисаеро, ки рух дода истода буд, ба ў шарњ додам. - Мо меравем ба наздатон, - дилпурона гуфт Ашўр. Асбобу анљоми заруриро мегирему мебароем. Шумо эњтиёт кунед. Мо се болѓаву як мисронча доштем. Он њамаро ба даст гирифта, ба љангу мубориза бо ѓоратгарон омода шуда, ба берун баромаданї шудем. Дари вагонро људо карда, каноре рост монд Зоњир ва мо бо эњтиёт гом нињода, оњистаоњиста ба берун баромадем. Шабањњои сиёњ, ки дар рўи боми вагон ба кандани болопўши тунукагин машѓул буданд, њадањаву шитобзада худро аз забари вагон ба зер афканда, њар сў рў ба њазимат нињоданд. Мо медавидем аз ќафояшон. Ин дам Бањодур ходаи оњанине сари китф пайдо шуд, Ашўру Мањмад ва Сипењри кафшергар низ аз вагони дигар саропо мусаллањ ба чањор тараф тохтанд, то ѓоратгаронро дарёб карда, дастгир кунанд. Яке аз ѓоратгаронро оќибат Сипењри кафшергар, ки дар даст табарчае дошт, аз пушти вагони русњои псковї, ки њамшањриёни бригадир Миша Дяков он љо хоб мекарданд, дарёб кард ва дастонашро тоб дод, ки болѓа аз дасти вай ба замин афтид. Нафари дигарашро, ки акнун мехост аз болои девори сементї худро њаво дода, фирор кунад, Зоњир аз тахтапушташ чанг зада, ба поён фаровард. Мо онњоро шинохтем: Олегу Никитаи псковї, ки дар бригадаи мо кор мекарданду бригадир Миша ин ќадар онњоро таъриф мекард.

15

Маст буданд онњо. Чашмонашон тоси хун. Меларзиданд. Муњофизонро аз ќазия хабардор кардем. Њангоме ки ба пурсиши эшон оѓоз карданд, онњо сархаму хиљолатзада дигар њарфе ба забон намеоварданд. Аъзои баданашон њамчунон меларзид. - Барои чї ба вагон њуљум кардед? – мепурсид сардори муњофизони ќитъаи сохтмонї. - Барои… барои пул, - канда-канда љавоб медод Олег. Никита хомўш буд. - Хайр, љавоби ин љиноятатонро дар шуъбаи милиса медињед, - таъкидкунон гуфт сармуњофиз ва онњоро пешпеш карда бурд… Аллакай пардаи тирафоми шаб андак-андак бардошта шуда, рўз ба сафедї гироиш мекард. Мо ба вагонњоямон даромада, сар ба болин гузоштем. Хаставу лакот, ки будем, сахт хобамон бурдааст. ХХХ Гуноњи Олегу Никита ба таври мушаххас муайян карда шуд. Маълум гардид, ки дар ин амалњои дуздиву ѓоратгарї онњо танњо набудаанд. Рафиќони дигарашон, ки њамроњи мо дар ќитъаи сохтмонї ба кор машѓул буданд, дар дуздиву ба яѓмо бурдани ноќилњои барќї, асбобу васоити техникї, чун асбоби оњанбурї, (балгарка) арраи барќї, пармаи худкор ва монанд ба инњо ба онњо кўмак мекардаанд. Дар майдони фарохи ќитъаи сохтмонї сарвари фирмаи «Фивен», њамроњи сардори ќитъаи сохтмонї, прорабу бригадирњо љамъомаде гузаронд ва ин њодисаи нангинро як љинояти шармандавори иддае аз русњои майзадаву нашъаманд номид. - Ман ба њушёриву зиракї, мењнати њалол ва дасту дили поки љавонмардони тољик тасанно мегўям, - бо тафохур изњор дошт сарвари фирма, ки Швитко меномидандаш. Мањз њаминњо ѓайрат ва чусту чолокї нишон дода, љинояткоронро дастгир карданд ва пеши роњи ѓоратгарї ва торољи ашёи сохтмониро гирифтанд. Ба ростї, ман аз онњо хеле миннатдорам. Ана, бояд бо инњо кор карда, фирмаро пешрав гардонем. Мо, ки «ќањрамон» њисоб меёфтем, бо сари баланд ба коргарони дигар, ки аксарашон русњо буданд, менигаристем. Ваќте њамоиш поён пазируфт, њама ба сўи мавзеъњои кории худ шитобиданд. Миша Дяк, парешону ошуфтањол наздам омад. - Ана њамин хел, муаллим, - даст ба китфам бурда хитоб кард вай. Аз њамин рўз сар карда, ман шуморо «герой» меномам. Бовар кунед, љиддан мегўям. Шумо, тољикњо, воќеан њам мардуми худољўву њалолкоред. Бори аввал аст, ки ман хато кардаму ба њамшањрињоям эътимод варзидам. Сари маро паст карданд, лаънатињои худозада. Майзадањо, «герчикњо», Э, очаи онњоро… Вай коргарони псковиро њаќорату дашномњои болохонадор мекард. - Медонед, чї, - ногањон аз дигар тараф сухан дар миён андохт Миша. Ман дигар дар вазифаи бригадирї кор карда наметавонам. Обрўям рехт ва умуман, дигар ман рањбарї кардан намехоњам. Аз пагоњ сар карда, шумо вазифаи бригадириро ба зимма мегиред, муаллим. Тамом, вассалом! Њарчанд ман «ин вазифаи масъулиятнок аст, танњо шумо аз уњдааш баромада метавонед», мегуфтам, вай якравона рад мекард. Ва… Субњи рўзи дигар сарвари ќитъаи сохтмонї коргарони бригадаи моро љамъ овард ва кўтоњакак эълон кард: - Бригадиратон нав шуд ва ба ман ишора намуд: корро дуруст ба роњ монед, умедамон аз шумо бисёр. Ња-а… Миша Дяков сохтмонро орому ноаён тарк кард. Ў ба куљо ба кор даромад, намедонистем. Ва ин мавзўъ дигар барои касе ањамият њам надошт. Шодї СУЊАЙЛ (Раљабзод)


16

ОМЎЗГОР

АНЉОМ

№ 38, 20 сентябри соли 2013

ЭЪЛОН

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ДАР СОЊАИ МАОРИФ барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмуни кушод эълон менамояд: Раёсати ташкили назорати давлатї ва бањодињї ба сифати тањсилот Сардори раёсат - 1 нафар Муовини сардори раёсат 1 нафар Сармутахассис - 1 нафар Мутахассиси пешбар - 1 нафар Мутахассис - 1 нафар Шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї Мудири шуъба - 1 нафар Сармутахассис - 1 нафар Мутахассиси пешбар - 1 нафар Шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии томактабї, тањсилоти умумї, беруназмактабї ва интернатњо Сармутахассис - 1 нафар Шуъбаи таъминоти њуќуќї ва кадрњо Мутахассис - 1 нафар Шуъбаи њамоњангсозии кор бо раёсат ва шуъбањои маорифи вилоятњо ва шањру ноњияњо Мутахассиси пешбар - 1

нафар Мутахассис - 1 нафар Шуъбаи баробарарзишии њуљљатњои тањсилот ва додани унвонњои дотсентї ва профессорї Мутахассиси пешбар - 1 нафар Шартњои озмун -маълумоти олї -собиќаи корї на камтар аз 5 сол дар соња -донистани кор бо компютер -донистани забонњои хориљї (бартарї дорад) Њ у љ љ а т њ о и пешнињодшаванда -ариза ба комиссияи озмун -нусхаи шиноснома -4 дона расми 3х4 -вараќаи шахсї оид ба ќайди мутахассис; -тарљумаи њол (њолнома) -нусхаи дафтарчаи мењнатї -нусхаи диплом ва дигар њуљљатњо оид ба тањсилот -тавсифнома аз љои кори охирин -маълумотнома дар бораи саломатї (№0-86)

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ПАЖЎЊИШГОЊИ РУШДИ МАОРИФИ АТТ ќабули довталабонро ба аспирантура ва докторантура барои соли тањсили 2013-2014 аз рўи ихтисосњои зерин ЭЪЛОН МЕКУНАД: Педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот, рамзи соњаи илм 13.00.01. Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рўи фанњои алоњида), рамзи соњаи илм 13.00.02. Педагогикаи коррексионї (Сурдопедагогика), рамзи соњаи илм 13.00.03. Ќоидањои ќабул: Ба аспирантура шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олї ва собиќаи кории 5-сола доранд, ба тањсили рўзона то 35-сола ва ѓоибона то 45-сола ќабул карда мешаванд. Шањрвандони хориљї ба аспирантура дар асоси санадњои њуќуќию меъёрї ва шартномањои байнидавлатї ќабул мегарданд. Дохилшавандагон пеш аз супоридани имтињон ба Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон маќолаи илмї (реферат) пешнињод менамоянд, аз суњбати роњбарони илмии ояндаи худ мегузаранд. Дохилшавандагон дар баробари ариза њуљљатњои зеринро пешнињод менамоянд: 1. Вараќаи шахсї (бо тасдиќи љойи кори асосї) 2. Тавсифнома аз љойи охирини кор 3. Тарљумаи њол 4. 6 адад сурати андозаи 3x4

КРОССЧАЙНВОРДИ «МУАЛЛИМ» 1. Ќањрамони повести «Нишони зиндагї» - и Кароматулло Мирзоев. 2. Шакли љамъи калимаи мулк. 3. Истилоњи фанни математика. 4. Империя дар асри 12. 5. Муродифи вожаи омўзгор. 6. «Љисм аст инсон, љон аст ***» (Садриддин Айнї). 7. Исми маъмулии мардонаи тољикї. 8. Уќёнус. 9. Муќобилмаънои содда. 10. Асари пандуахлоќии адабиёти классикии форсу тољик. 11. Романи Юсуф Акобиров. 12. Навъи ранг. 13. Асбоби мусиќии торї. 14. Моњи солшумории њиљрии ќамарї. 15. Шањри энергетикњо. 16. Як ќисми либос. 17. Њуљљати расмї – коргузорї. 18. Андози давраи амирї. 19. Санги ќиматбањо. 20. Бањром *** , адабиётшиноси шинохта. Мураттиб Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Ќабули њуљљатњо 14 рўз аз санаи нашри эълон.

ХАНДАРЕЗ

ПАНЉ ЛАТИФА

Љавон ба арўсшавандааш лоф мезанад: - Ман нос намекашам, араќ наменўшам, аз сигор њазар дорам, булњавас нестам. Духтар бо њаяљон мегўяд: - Чї хел наѓз! Маълум, ки ягон камбудї надорї. Љавон иќрор мешавад: - Не, танњо як камбудї дорам: дурўѓ мегўям. *** Духтаре бадгуњар ба фолбин мурољиат мекунад: - Маро ду љавон дўст медоранд. Ку, фол кушоед, кадоме аз ин љавонњоро бахт омад

мекунад. Фолбин љавоб мегўяд: - Бахти љавони ќадбаланд омад мекунад, зеро ту бо њарифи ў њамхона мешавї. *** - Афсўс, дар љавонї ба гуфтањои падарам гўш накардам, ана, оќибат… - Падарат чї мегуфт? - Намедонам, гуфтам –ку, ба гуфтањояш гўш намекардам . *** - Дар сабќати паридан бо парашют яке парашюти ман кушода нашавад, чї њодиса рух хоњад дод? - Ту аввалин шуда ба замин мерасї. *** - Хўш, љавони наѓз, ту мехоњї бо духтари ман издивољ бикунї? - Ин азми ман ќатъист, амакљон. - Ту аз уњдаи таъмини оила баромада метавонї? - Албатта, амакљон! - Хеле хуб, вале дониста бош, ки оилаи мо аз шаш нафар иборат аст.

5. Нусхаи дипломи мактаби олї (шахсоне, ки мактаби олиро дар дигар кишварњо хатм кардаанд, њуљљати ба дипломи мактаби олии Тољикистон баробарэътиборро пешнињод намоянд) 6. Номгўи корњои илмии чопшуда (агар бошанд) 7. Њуљљатњои дар бораи супоридани имтињонњои номзадї 8. Нусхаи дафтарчаи мењнатї 9. Нусхаи шиноснома 10. Мактуб аз љойи охирини кор 11. Маълумотномаи тиббї Довталабон аз фанњои зерин имтињони дохилшавї месупоранд: - Таърих ва фалсафаи илм - Забони хориљї (англисї, олмонї, фаронсавї) - Ихтисос (педагогика ва методикаи таълими фан). Муњлати тањсил дар аспирантура ва докторантура Рўзона - 3 сол Ѓоибона - 4 сол Ќабули њуљљатњо ба аспирантура ва докторантура аз 20.09.2013 то 20.10.2013 идома меёбад. Телефон барои маълумот: 227-38-18; 227-17-29; 227-17-47.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шањодатномаи гумшудаи 122346, ки онро соли 1993 мактаби миёнаи раќами 2-и шањри Хоруѓ ба Шамшерова Ќарѓизмо Яќубовна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0358666, ки онро соли 2010 мактаби миёнаи №20-и шањри Душанбе ба Полвонов Абдулло Шукуруллоевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №262265, ки онро соли 1995 мактаби миёнаи №89-и ноњияи Синои ш.Душанбе ба Абсаматова Зумрат Ќурбоновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №000512, ки онро соли 1992 мактаби миёнаи №61-и н.Исмоили Сомонї ба Мирзоева Муќаддас Муминовна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0086046, ки онро соли 2007 мактаби миёнаи №89-и н.Синои ш.Душанбе ба Ќурбонов Умарали Ѓуломалиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №0032829 дар бораи

баќайдгирии давлатии шахси воќеї ба сифати соњибкории инфиродї, ки онро 09.03.2010 бахши Раёсати ташкили баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродии ноњияи Файзобод ба Рахматуллоева Махина Ахмадовна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №088267, ки онро соли 1992 мактаби миёнаи №76 ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Табаров Рањмоналї Абдуллоевич додааст, эътибор надорад. Билети њарбии афсарии гумшудаи АА №106421, ки онро 05.03.2012 комиссариати њарбии ноњияи Ёвони вилояти Хатлон ба Рањимов Фатњиддин Шамсуддинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0634930, ки онро соли 2011 мактаби миёнаи №78 ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Мирзоев Дилшод додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0291680, ки онро соли 2009 мактаби миёнаи №20 ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ба Ѓаниев Умарљон Ѓуломович додааст, эътибор надорад.

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

ОМЎЗГОР Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Почтаи электронї: info@omuzgor-news.tj Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Њайати Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ тањрир: М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул) Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49 «Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд. Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

Omuzgor #38 2013  
Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you