Шумораи нави "Озодагон"

Page 11

РУХДОДИ ЊАФТА

№09 (269) 5 марти соли 2013

11

Ифшои санадњои расвоии хонадони Саудї ва равобити Риёзу Лондон

Тасмими додгоњи Бритониё дар мавриди интишори бархе санадњои вобаста ба хонадони Саудї, ки расвої ва фасоди молии онњоро ифшо мекунад, равобити ин кишвар бо Арабистонро дар остонаи бўњрон ќарор додааст.

Рањмонов аз Мањмадсаид Убайдуллоев "ќасос" гирифт? Ќатъи якбораи телевизиони "Пойтахт" њанўз њалли худро наёфтааст

Љамила МИРБОЗХОНОВА Тамошобинони телевизиони "Пойтахт" 12 рўз аст, ки аз дидани барномањои он мањрум шудаанд. Ин шабака, ки таи 4 моњи ахир хоса дар байни сокинони шањри Душанбе ва ноњияњои атрофи он машњур шудааст, якбора шоми 23 феврал њангоми барномаи Адибаи Азиз дар бораи шоираи маъруф Гулрухсор Сафиева ќатъ гардид. Гуфта мешавад тайи 20 соли ахир дар бораи Гулрухсор ягон шабакаи телевизионии мамлакат барномае омода накарда буд. Аз ин хотир, ќатъи якбораи "Пойтахт" ро мањз ба пахши ин барнома марбут медонанд. Дар њамин њол нуќтаи назари дигар њам вуљуд дорад, ки "Пойтахт" ба як шабакаи "худсар" табдил ёфта, дар он сарояндањои машњуре чун Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё ва дигарон, ки дар шабакањои дигари телевизионї пайдо намешаванд, њузур пайдо мекунанд ва ин боиси хашми рањбарияти Кумитаи телевизион ва радио аз љумла Асадулло Рањмонов гаштааст.

Ин њама тахмину фарзияњост. Аммо асли гап дар чист? Дар ин миён масъалаи дигари љолиб њам рў зад. Яъне созмонњои касбии журналистї, ки доим дар бораи мушкилоти расонањо изњоротњо пахш мекарданд, ќазияи ТВ "Пойтахт" -ро гўё сарфи назар карданд. Акбарали Сатторов, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон, мегўяд сабаби хомўшии онњо ин аст, ки мушкили гирифторшудаи ин шабакаро сирф техникї медонанд. "Аз сўњбате, ки ман бо роњбарияти "Пойтахт" доштам, онњо гуфтанд, ки фиристандахо кўњна шудаанд. Масъулини техникии ин шабака фиристандањоро ба

љои 8 соат 24 соат истифода кардаанд, ки аз њад зиёд будааст. Аз рўи иттилое, ки ман дорам, њоло онњо ин фиристандањоро берун аз кишвар супориш додаанд, ки албатта зуд ба пойтахт расидани он имкон надорад" мегўяд ў. Аз ин хотир ба гуфтаи раиси ИЖТ дар ин ќазия љустани пайхати сиёсї номумкин аст. Ин њам дар њолест, ки Абдуќодири Абдуќањњор мудири "Пойтахт" ба расонањо гуфта буд, ки ќисмњои эњтиётие, ки барои пахши барнома лозим буд, яъне 24 феврал сўхта буданд, аллакай аз шањри Украина ба Точикистон оварда шуд. Ва онњо ин мушкилро дигар надоранд. Роњбари шабакаи "Пойтахт" низ ќатъ шудани шабакаашро аз тарафи "боло" рад мекунад ва онро сифр мушкили фаннї унвон мекунад. Ба андешаи Абдуќодири Абдуќањњор онњо дар наздиктарин фурсат ба эфир хоњанд баромад ва барномањояшон ба таври фаъол пешкаши тамошобинон хоњад гардид. Вале аз рўзи ваъдашуда аллакай 2 рўз гузашта бошад њам, "Пойтахт" фаъол нашуд. Пас оё бовар кардан мумкин аст, ки ќазия техникист? Нуриддин Ќаршибоев, раиси НАНСМИТ дар ќатъ шудани фаъолияти шабакаи "Пойтахт" ангезањои сиёсиву интригањои шахсї дида бошад њам, мегўяд сабаби хомўшии онњо дигар аст. Яъне рабарияти ТВ "Пойтахт" ба онњо мурољиати хаттї накардааст: -Ваќте роњбарият ва њайати эљодии ТВ "Пойтахт" барои наќзи њуќуќи худ ба мо ба таври хаттї мурољиат накунад, мо аз пеши худ тасмим гирифта наметавонем. Ман сад дар сад мутмаинам, ки ин мушкил дар пайи бањсњои дохилии байни ТВ "Пойтахт" ва "Телерадиоком" пайдо шудааст, - мегўяд ў. Дар њамин њол, Ќироншоњ Шарифзода, раиси Шўрои Васоити ахбори омма, мегўяд, ки албатта хуб мебуд масъулини ТВ "Пойтахт" ба таври хаттї ба онњо мурољиат мека рданд, аммо ваќте онњо ин корро накардаанд, созмонњои журналистї бояд ин корро худашон

мекарданд. Зеро дар њаќиќат мушкилот дар ин ќазия вуљуд дорад. Шарифзода мисол меорад, ки бубинед, аз мусоњибањои пай дар пайи Абдулќодир чунин бармеояд, ки гўё мушкил мушкили фанниву зудгузар будааст. Ва бегоњ ба мављ хоњанд баромад. Аммо ВАО- и кишвар мавќеашро дар ин хусус иброз дошта буд, ки ин "мушкили фаннї" дар дигар љост. Чунин бањонањоро борњо раиси Хадамоти алоќа дар нисбати вебсайтњо ва масдуд шудани теле фонњо њам ка рда буду гуфта буд. Вале ман мутмаинам, ки ин гуна њолатњо њатман ангезаи сиёсї доранд. Дар њамин њол тањлилгарон аз ќазияњои ќаблан рухдода дар ростои расонањои электронї, аз љумла "мушкилоти техникї" -и радиои "Имрўз" дар соли 2009 мисол меоранд, ки боиси гуфтугузорњои љиддї њам шуда буд. Баъзе аз тањлилгарон дар пайдоиши чунин њолатњо агар аз як љониб интригањои шахсиро мисол биёранд, аз сўи дигар мегўянд, ки чунин ќазияњо метавонанд дар пайи "рашки касбї" њам ба амал биёянд. Яъне бо ин ки барои шабакањои давлатии телевизион ва радио маблаѓњои бузурге ихтисос мешаванд, аммо онњо бо сабаби њирфавї набуданашон тамошобину шунавандаи кам доранд. Вале бархе аз расонањои электронии навпайдои хусусиву давлатї бо имконоти ками молиявї њам метавонанд аудиторияи фарохро соњиб шаванд, ки рањбарияти Кумитаи ТВ ва радиоро "ба ташвиш" меорад. Дар натиља онњо бо њар бањона ба роњбарияти кишвар мавќеи худро "дуруст мефањмонанд" ва чунин ќазияњо рў мезананд. "Мушкилоти техникї" -и ТВ "Пойтахт" дар њоле сар зад, ки чанде пеш Кумитаи ТВ ва радио бо шањрдори Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев бањсњои судие доштанд ва суд ахиран Шабакаи аввалро муваззаф намуд, ки аз раиси шањр узр пурсад. Шабакаи аввал на танњо узр напурсид, балки гузориши ќаблии худро бори дигар ба тамошобинон пешкаш намуд...

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба наќл аз пойгоњи хабарии "Ал-араб Онлайн", тасмими додгоњ дар Бритониё дар бораи ифшои санади расвої ва аснодњои молии чанд шоњзодаи Саудї, муносибатњои Саудї ва Бритониёро дар остонаи низои судї ва сиёсї ќарор додааст. Додгоњ эълон кардааст, ин санадњоро барои интишор дар ихтиёри ду рўзномаи Бритониё - "Гордиан" ва "Файнаншел Таймз" ќарор медињад. Ин санадњо ифшокунандаи ќарордодњои ѓайриќонунии имзошуда тавассути шоњзодагони Саудї дар Бейрут, пойтахти Лубнон ва Нейробї, пойтахти Кения њастанд. Манобеи огоњ дар рўзномаи англисии "Гордиан" дар пойгоњи электронии ин рўзнома навиштанд, ин санадњо иттињомоти њассос ва муњимеро ба шуморе аз аъзои хонадони Саудї, хонадони њоким бар Арабистон, ворид мекунад ва бешубња бозтоби интишори ин санадњо бар равобити ин кишвар бо Амрико низ таъсиргузор аст. Ба назар мерасад, далелњои мављуда дар ин санадњо чунон мустањкам њастанд, ки шоњзодагони Саудиро, ки дар ин ќазия дахл доранд, мањкум хоњад кард. Манобеи огоњ дар бораи ин парванда гуфтанд, ќазия бо фурўши сањмияњое ба арзиши 6,7 миллион доллар дар ширкатњое иртибот пайдо мекунад, ки дар он яке аз шоњзодагон ба сурати ѓайриќонунї ширкат дошт ва њамин мавзўъ сабаби вуќўъи ихтилофоте байни он бо дигар шарикон шудааст. Вакили вижаи шоњзода Машъал бин Абдулазиз оли Саудї, яке аз афроди дахлдор дар ин ќазия, гуфт, онњо хостори таљдиди назар дар њукми содиршуда тавассути додгоњ алайњи шоњзода Машъал ва шоњзода Абдулазиз, фарзанди вай, хоњанд шуд. Шоњзода Машъал бин Абдулазиз, раиси шўрои байъат дар Арабистони Саудї аст, ки њамчун дигар шоњзодагони насли аввали Саудї, аз мушкилоти љисмонї ранљ мебарад. Њукми нињої, ки додгоњи Бритониё дар бораи ин парванда содир мекунад, нишон медињад, ки дастгоњи ќазоии Бритониё нисбат ба ќазияи њассос ва таъсиргузори байналмилалї то чи андоза бо шаффофият ва мустаќил амал хоњад кард. Вакилњои ширкати "Глобал Шел Ти Ди", ки шоњзода Машъал дар он сањм дорад, ба ин боваранд, ки чунин ќазияњои њассосе набояд дар додгоњњои васеъ расидагї шавад ва барои расидагї ба ин парвандањо бояд додгоњњо пушти дарњои баста баргузор шаванд. Онњо мегўянд, интишори тафсилоте аз ин ќазия мумкин аст, шоњзода Машъал ва њамчунин Имод Алшайх, мудири ширкати "Еф Ти Кул Ел Ти Ди"-ро дар маърази хатари воќеї ќарор дињад ва њатто кор ба талош барои террори онњо тавассути афрод ва ширкатњои дорои манофеъ дар ин ќазия, кашида шавад. Шоњзода Машъал бин Абдулазиз аз љумлаи шоњзодагони Саудист, ки дороињо, амвол ва амлоки вай бо бањс ва љадалњои бисёре рубарў аст.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.